ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2115 Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 07.12.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2061 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ РУШДИ ЗАБОНҲОИ МОДАРӢ ДАР ШАРОИТИ ҶАҲОНИШАВӢ ВА НАҚШИ НИҲОДҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ИН САМТ

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Ҷум, 21/02/2025 - 10:15
      Забонҳо воситаи пурқуввати ҳифз ва рушди мероси моддӣ ва маънавии инсоният аст. Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, дар ҷаҳон тақрибан 7 ҳазор забон мавҷуд аст, ки 45% онҳо дар хатари нобудшавӣ қарор доранд, яъне онҳо метавонанд дар ояндаи наздик ноширони охирини худро аз даст диҳанд. Ҳар ду ҳафта як забон дар ҷаҳон нопадид шуда, мероси фарҳангӣ ва зеҳниро бо худ мебарад. Дар айни замон, 40% аҳолии ҷаҳон ба забоне, ки онҳо гап мезананд ё мефаҳманд, дастрасӣ надоранд, дар баъзе минтақаҳо ин нишондиҳанда 90% - ро ташкил медиҳад. Танҳо якчанд сад забон дар системаҳои маориф ва соҳаи давлатӣ нақши намоён доранд ва камтар аз сад забон дар ҷаҳони рақамӣ истифода мешаванд[1].
    Ба хотири ҳифзи забонҳои модарӣ бо мақсади ҳифз ва рушди мероси моддию маънавии ҳар як миллату қавмҳо 17 ноябри соли 1999 дар 30-юмин конфронси генералии ЮНЕСКО қарор қабул карда шуд, ки 21 феврал ҳамчун Рӯзи байналмилалии забони модарӣ дар саросари ҷаҳон эълон карда шавад[3]. Рӯзи байналмилалии забони модарӣ (англ. International Mother Language Day), аз соли 2000 инҷониб ҳар сол 21 феврал бо мақсади мусоидат ба гуногунии забонӣ ва фарҳангӣ ва бисёрзабонӣ дар ҳама кишварҳо ҷашн гирифта мешавад.
     Таърихи ин рӯз аз 21 феврали соли 1952 оғоз меёбад, вақте ки донишҷӯён дар Бангладеш ба ҷорӣ кардани урду ҳамчун ягона забони расмӣ ба Ҳукумати онвақтаи Покистон эътироз карданд. Эътироз боиси марги фоҷиабори одамон гардид, аммо он инчунин оташи ифтихор ва муқовимати забонро барангехт. Ин ҳодиса, ки бо номи ҳаракати Забонӣ маъруф аст, дар ниҳоят ба эътирофи забони бенгалӣ ҳамчун забони расмии Покистон ва сипас ба истиқлолияти Бангладеш оварда расонд[1].
     Аҳаммияти Рӯзи байналмилалии забони модарӣ дар қобилияти баланд бардоштани огоҳӣ дар бораи аҳаммияти ҳифз ва маъмулгардонии забонҳои модарӣ мебошад. Забонҳои модарӣ дорандагони мероси фарҳангӣ, анъанаҳо ва тарзи беназири тафаккур мебошанд. Онҳо шахсияти моро ташаккул дода, ҳисси мансубият ба ин ё он миллатро медиҳанд. Бо эътироф ва эҳтироми забони модарӣ, мо арзиши онҳоро эътироф мекунем ва ҳифзи онҳоро барои наслҳои оянда таъмин менамоем. Аз ин рӯ ҳимоя ва рушди забонҳои модарӣ ба салоҳияти ҳар як давлат вогузор гардидааст.
     Рушди забони давлатӣ дар кишвари мо таввасути амалӣ намудани як қатор чораҷуйиҳо ва тадбирҳои дигар ба монанди таъсиси мақомоти ваколатдор , таҳия ва чопи китобҳо бо забони давлатӣ, қабули санадҳои барномавӣ ба роҳ монда мешавад[5].
     Аз ин ҷост, ки бо дарки муҳим будани масъалаҳои марбут ба забон Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2020 тасдиқ гардид, ки он барои пешбурди кори забон дар даҳ соли оянда заминаи боэътимод мегузорад. Ин Барнома ҷомеаи Тоҷикистон ва тамоми сохторҳои давлатию ғайридавлатиро водор менамояд, ки ба масъалаи забон аҳаммияти хос зоҳир намоянд.
     Барномаи мазкур ҳадаф, вазифа, самтҳои асосӣ, усулҳои татбиқ ва натиҷаҳои ниҳоии амалисозии сиёсати давлатиро оид ба забон муайян намуда, муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро татбиқ менамояд.
    Дар Барнома сиёсати давлатӣ оид ба забони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси меъёрҳои байналмилалии баробарии забонҳо муайян гардида, дар ташаккули худшиносӣ, худогоҳии шаҳрвандон, боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ ва рушди ҷаҳонбинии сиёсиву фарҳангии аҳли ҷомеа аҳаммияти махсус медиҳад.
     Дар шароити ҷаҳонишавӣ рушди забонҳои модарӣ аҳмияти муҳимро касб менамояд. Ва дар ин раванд масъалаҳои зерин аҳамияти муҳим доранд.
     Аҳаммияти рушди забонҳои модарӣ. Забонҳои модарӣ на танҳо воситаҳои муошират инчунин дорандагони мероси ғайримоддӣ ва донишҳои фарҳангӣ мебошанд. Аз даст додани забони модарӣ маънои аз даст додани як қисми мероси фарҳангӣ, таърих ва ҳисси мансубияти моро дорад. Ҳамчунин забонҳои модарӣ ба нигоҳ доштани дониш ва амалияи анъанавӣ мусоидат мекунанд. Масалан, ҷамоатҳои бумӣ дар бораи кишоварзии устувор, тибби анъанавӣ ва таҷрибаҳои экологӣ, ки дар забонҳои онҳо собит шудаанд, дониши арзишманд доранд. Бо нигоҳ доштани ин забонҳо, мо ин донишҳои бебаҳоро барои наслҳои оянда нигоҳ медорем. Мебояд барои фарогир намудани забони модарӣ натиҷаҳои тадқиқот корҳои илмӣ ва китобҳои дарсӣ бо забони модарӣ бештар таҳия ва паҳн гарданд.
     Дар ин самт тибқи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо ҷиҳати мақоми илмро соҳиб гардидани забон роҳандозӣ гардидааст, тибқи он забони тоҷикӣ мақоми забони илмро соҳиб шуда, дар доираи меъёрҳои он рисола ва асарҳои илмию таҳқиқотӣ таҳия гардида, корҳои илмии муҳаққиқон бо риояи қоидаҳои имло ва сабку баёни илмӣ омода ва интишор мешаванд. Дар таҳқиқотҳои илмӣ забонҳои дигар низ истифода мегарданд. Фароҳам овардани чунин заминаи ҳуқуқӣ барои рушди забони илм ва истифодаи истилоҳоти илмӣ бо забони давлатӣ мусоидат мекунад.
     Таъсири ҷаҳонишавӣ ба забонҳои модарӣ. Ҷаҳонишавӣ бешубҳа барои рушди инсоният ва ба ҳам наздик намудани одамон мусоидат намуд, аммо он инчунин хатари аз байн рафтани забонҳои модариро ба миён гузошт.      Яке аз оқибатҳои асосии ҷаҳонишавӣ барои забонҳои модарӣ бартарияти якчанд забонҳои асосӣ дар соҳаҳои гуногун, аз қабили тиҷорат, васоити ахбори омма ва технология мебошад. Масалан, забони англисӣ забони асосии муоширати байналмилалӣ гардид, ки боиси коҳиши истифодаи забонҳои дигар гардид. Ин номутавозунии забон метавонад боиси канорагирии ҷомеаҳо ва коҳиши гуногунии забонҳо гардад.
     Гузашта аз ин, равандҳои муҳоҷират ва шаҳрсозӣ боиси кӯчонидани бисёр ҷамоатҳо аз ҷойҳои истиқомати маъмулии онҳо гардиданд. Ҳангоми кӯчидан ба шаҳрҳо ё дигар кишварҳо, одамон аксар вақт забони бартаридоштаи муҳити нави худро қабул мекунанд ва тадриҷан аз забонҳои модарии худ даст мекашанд. Ин раванди тағйирёбии забон метавонад боиси таҳдид ё нобудшавии забонҳо гардад, ки аз даст додани гуногунии фарҳангиро боз ҳам зиёд менамояд. Ғайр аз он, асри технологияҳои рақамӣ барои забонҳои модарӣ ҳам имкониятҳо ва ҳам мушкилот овард. Ҳарчанд, ки интернет ба ҷомеаҳо муошират, мубодилаи захираҳо ва маъруфияти забонҳои худро осон кард, инчунин як чоҳи рақамиро ба вуҷуд овард. Бисёр забонҳо мундариҷа ва асбобҳои рақамӣ надоранд, ки дастрасии онҳо ба иттилоот ва иштироки пурраи онҳо дар ҳаёти онлайнро душвор мегардонад. Дар айни замон кӯшишҳо барои бартараф кардани ин холигӣ ва мусоидат ба паҳншавии технологияҳои рақамӣ ба ҳама забонҳо сурат мегиранд. Дар ин самт тибқи Барномаи рушди забони давлатӣ, забони давлатӣ дар коргузории расмӣ, фаъолияти мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, судӣ, соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, воситаҳои ахбори омма, техника, технология, иттилоот ва бахшҳои дигари иртиботӣ (коммуникатсия) бояд васеъ истифода гардад[4].
    Нақши ниҳодҳои байналмилаӣ дар рушди забонҳои модарӣ. Аз ҷониби ниҳодҳои байналмилалӣ ба масъалаи рушди забонҳои модарӣ диққати махсус дода мешавад. Аз ҷумла, Созмони Милали Муттаҳид аҳамияти гуногунии забон ва бисёрзабониро барои рушди устувор эътироф кардааст. Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид (Sustainable Development Goals) зарурати таҳсилоти фарогир ва баробарҳуқуқро, ки ба бисёрзабонӣ мусоидат менамояд, таъкид мекунад. Бо афзалият додан ба гуногунии забон ва рушди ҳамаи забонҳои модарӣ, Созмони Милали Муттаҳид кушиш менамояд, ки ҳеҷ кас дар канор намонад ва ҳама одамон ба таҳсилоти босифат бо забонҳои модарии худ дастрасӣ дошта бошанд.
    Дар ин раванд бо ташаббуси Созмони Милали Муттаҳид бо мақсади фарогирии рушди забонҳои модарӣ ва гуногунии забонҳо дар ҷаҳон соли 2008, Соли байналмилалии забонҳо (англ. International Year of Languages) ва соли 2010 бо мақсади наздикшавии фарҳангҳо Соли байналмилалии наздикшавии фарҳангҳо (англ. International Year for the Rapprochement of Cultures) эълон карда шуд. Ҳамзамон Ассамблеяи Генералии СММ бо қатъномаи худ солҳои 2022-2032 аз 18 декабри соли 2019, даҳсолаи Байналмилалии забонҳои бумии ҷаҳон эълон кард, то таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонро ба мушкилоти талафоти фалокатбори бисёр забонҳои бумӣ ҷалб кунад ва ҷонибҳои манфиатдор ва захираҳоро барои ҳифз, эҳё ва пешбурди онҳо сафарбар кунад[2].
     Ҳамзамон ЮНЕСКО (United Nations Educational, Scientific and Cultural Organization) ҳамчун ташкилоти пешбари ин соҳа ҳифз ва маъмулгардонии забонҳои модарии худро аз ҷониби давлатҳо фаъолона дастгирӣ мекунад. Дар доираи ташаббуси худ оид ба баргузории Рӯзи байналмилалии забони модарӣ огоҳӣ менамояд. Инчунин ЮНЕСКО дар бораи гуногунии забонҳо ва барои дохил кардани забонҳои модарӣ ба низомҳои таълимӣ чораандеши намуда ба давлатҳои аъзо дар таҳияи сиёсат ва стратегияҳои забон кӯмак мерасонад.
 
Адабиёт:
  1.  International Mother Language Day. CH Sharon Bonnell #HistoryWriter. [the source of electrons]: https://medium.com/@ChSharonBonnell/international-mother-language-day-825197f06972
  2. International Year of Languages. [the source of electrons]: https://www.un.org/en/events/iyl/.
  3. 30th UNESCO General Conference. [the source of electrons]: https://www.unesco.org/en/legal-affairs/gc-resolutions.
  4. Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020//Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Адлия».[Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL:http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 20.02.2025)
  5. Соҳибзода М.М., Бобокалонов Ғ.М., Қодирзода М.А., Шеров Ш.З., Матробов М.Х., Исмоилова М.И., Шарифзода Ф.Ш., Одиназода Ш.Х., Бобоев Ф.А., Қурбонзода А.Т., Тоҷидинов М.А., Исмоилӣ И.И., Валиев Д.Ғ., Акбарализода Ҷ.А., Зариф У.М. Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»: нашри аввал //Зери таҳрири Саидзода Иззатулло Ҳабибулло, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент.-Душанбе: «Меҳроҷ-граф», 2024.-96с.
 
Настарани Абдуғафор,
муовини сардори шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии
Маркази миллии қонунгузории назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)