ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2115 Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 07.12.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2061 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

МАНЪИ ТАБЪИЗ НИСБАТИ ЗАНОН ДАР МУНОСИБАТҲОИ МЕҲНАТӢ ТИБҚИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Сшб, 25/02/2025 - 11:25
     Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати пешгирифтаи худ нақш ва мавқеи занонро дар ҳаёти ҷомеа баланд арзёбӣ менамояд. Дастгирӣ намудани ин қишри аҳолӣ имконият фароҳам меоварад то соҳаҳои мухталиф бо суръати баланд инкишоф ёбанд.
    Дар паёму суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва андешидани тадбирҳои судманд дар ин самт мунтазам мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Натиҷаи ҳамин дастгириҳои Роҳбарияти Олист, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши занон сол ба сол дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию фарҳангӣ баландтар гашта, мавқеи онҳо дар пешбурди равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ фаъолтар мешавад.
     Мавриди зикр аст, ки айни замон масъалаи иштироки занон дар муносибатҳои меҳнатӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор рафта, онҳо на танҳо ҳамчун кормандони соҳаҳои гуногун, балки ҳамчун роҳбари ташкилоту муассисаҳо ба шумор мераванд.
     Қонунгузории Ҷумҳурии Тоӌикистон барои татбиқи ҳуқуқҳои занон дар сатҳи конститутсионӣ меъёрҳоро дар бораи баробарҳуқуқии мардон ва занон муқаррар кардааст. Баробарҳуқуқии зану мардро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Конститутсияи ҶТ) кафолат додааст. 
     Моддаи 17 Конститутсияи ҶТ ғайр аз кафолати умумии баробарҳуқуқӣ новобаста ба ҷинс, баробарҳуқуқии мардон ва занонро махсус эълон намудааст. Ин меъёр дар қонунҳои конститутсионӣ, ҷорӣ ва санадҳои зерқонунӣ ба таври васеъ кафолат дода шудаанд. Аз ҷумла, дар Қонуни ҶТ “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо” аз 1 марти соли 2005, №89, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” аз 3 декабри соли 1999, №5, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” аз 30 апрели соли 2021, №167 ва ғайра.
     Моддаи 35 Конститутсияи ҶТ ҳуқуқи ҳар кас ба меҳнатро эълон дошта, ҳама гуна зуҳуроти табъиз (фарқиятгузорӣ, роҳ надодан ба кор, бартарию афзалият додан зимни қабул намудан ба кор) вобаста ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, маълумот, вазъи молу мулкӣ ва дигар аломатҳо дар муносибатҳои меҳнатиро манъ намудааст. Талаботи ин меъёри конститутсионӣ дар Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд КМ ҶТ) мушаххас гардонида шудааст.
       Мутобиқи моддаи 4 КМ ҶТ, ки сухан дар бораи принсипҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат меравад, озодии меҳнат; манъи маҳдудсозии ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд дар муносибатҳои меҳнатӣ; манъи табъиз, меҳнати маҷбурӣ ва истифодаи меҳнати занон ва ноболиғон дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок бархе аз принсипҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат маҳсуб меёбанд.
      Тибқи моддаи 5 КМ ҶТ ҳар кас ҳуқуқ дорад бе ягон табъиз ва маҷбуркунӣ меҳнатро озодона интихоб намояд ва ё ба меҳнат озодона ризоият диҳад, ба малакаи худ ба меҳнат ихтиёрдорӣ кунад, касб ва самти фаъолиятро интихоб кунад.
     Дар низоми меъёрҳои КМ ҶТ муҳимтарин модда ин моддаи 7 КМ ҶТ, ки сухан дар бораи манъи табъиз дар муносибатҳои меҳнатӣ меравад, ба ҳисоб меравад. 
     Тибқи он ҳамаи шаҳрвандон ба меҳнат ҳуқуқи баробар доранд, табъиз дар муносибатҳои меҳнатӣ манъ аст. Ҳама гуна фарқиятгузорӣ, роҳ надодан, афзалият гузоштан ё рад кардан аз қабул ба кор қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ки баробарии имкониятро дар меҳнат халалдор мекунад, манъ аст.
     Фарқият дар меҳнат вобаста ба талаботи махсуси намуди муайяни кор ва ё вобаста ба ғамхории махсуси давлат нисбат ба шахсоне, ки муҳтоҷи ҳимояи махсуси иҷтимоӣ мебошанд (аз рӯи ҷинс, синну сол, норасоиҳои ҷисмонӣ, уҳдадориҳои оилавӣ, дараҷаи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ), табъиз намебошад.
     Шахсоне, ки дар муносибатҳои меҳнатӣ худро табъизшуда меҳисобанд, метавонанд ба суд муроҷиат намоянд.
     Мутобиқи талаботи моддаи 19 Конститутсияи ҶТ ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Аз ин рӯ, мазмуни қисми сеюми моддаи 7 КМ ҶТ ба талаботи Конститутсияи ҶТ мувофиқ аст. Шахсоне, ки нисбаташон дар муносибатҳои меҳнатӣ ба табъиз роҳ дода шудааст, ҳуқуқ доранд бо аризаи даъвогӣ ба суд муроҷиат намоянд. Дар мавриди собит шудани маҳдудсозии ҳуқуқҳои меҳнатии аризадиҳанда, санади дахлдори судӣ қабул карда мешавад.
     КМ ҶТ барои вайрон намудани қонунгузорӣ оид ба меҳнат дар мавриди аз кор озод намудан, аз ҷумла бо зуҳуроти табъизи ҳуқуқҳо ба меҳнат, ба ғайр аз ҷуброни зарари моддӣ, инчунин ҷуброни зарари маънавиро пешбинӣ намудааст.
     Андозаи ҷуброни зарари маънавиро қонун муайян накардааст ва онро дар ҳар як ҳолати мушаххас суд муайян мекунад.
     Ғайр аз ин, қонунгузории ҷиноятӣ (моддаи 143 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон) барои қасдан бевосита ё бавосита вайрон намудан ё маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳо ё ин ки бевосита ё бавосита муқаррар намудани бартарии шаҳрвандон вобаста ба ҷинс, нажод, миллат, забон, баромади иҷтимоӣ, мавқеи шахсӣ, молу мулкӣ ё мансабӣ, маҳалли истиқомат, муносибат бо дин, ақида, марбут будан ба ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрванд зарар расонидааст, ҷавобгарии ҷиноятиро муқаррар намудааст.
     Шуғл ва бекорӣ яке аз мушкилоти ҷиддии иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳар як давлат мебошад. Фаъолияти муътадили бозори меҳнат дар шароити иқтисоди бозаргонӣ  бояд бо рақобати пешниҳод ва талабот ба қувваи корӣ ташаккул ёбад.
      Мутобиқи моддаи 128 КМ ҶТ, ки сухан дар бораи кафолатҳои давлатии бакортаъминкунӣ меравад, давлат ба шаҳрвандон дар соҳаи шуғли аҳолӣ кафолати ҳифз намудан аз тамоми шаклҳои табъиз ва таъмини имконияти баробар барои гирифтани касб ва корро медиҳад.
     Ҳадди ақали музди меҳнат яке аз кафолатҳои аввалиндараҷа дар ин низом мебошад. Он дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нисбати ҳама кормандон амал мекунад. Ёдовар мешавем, ки мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 35) ҳадди ақали музди меҳнат барои ҳар як корманд ва бидуни ҳеҷ гуна табъиз кафолат дода мешавад. Асоси таъсиси он андозаи ҳадди ақали зиндагист, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2009, №521 “Дар бораи ҳадди ақали зиндагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” пешбинӣ шудааст.
     Ҳангоми таъмини ҳуқуқи кормандон ба пардохти саривақтӣ ва пурраи музди меҳнат, ба кафолатҳои музди меҳнат диққати махсус дода мешавад. Низоми кафолатҳои асосии давлатии музди меҳнат дар моддаи 140-141 КМ ҶТ муқаррар карда шуда, муфассал танзим шудаанд.
     Мутобиқи моддаи 140 КМ ҶТ, ки сухан дар бораи кафолати пардохти музди меҳнат меравад, корфармо сарфи назар аз вазъи молиявиаш уҳдадор аст ба корманд барои кори иҷро намудааш музди меҳнати муқарраршударо пардохт намояд. Табъиз дар пардохти музди меҳнат манъ аст. Корфармо уҳдадор аст ба корманд барои иҷрои кори баробарарзиш музди меҳнати якхела диҳад. Ба зарари корманд тағйир додани шарту шароити пардохти музди меҳнат манъ аст.
      Муқаррарот дар бораи беэътибор донистани шартномаи меҳнатӣ бори нахуст ба КМ ҶТ соли 2016 дохил карда шудааст ( м.56 КМ ҶТ).
     Яке аз ҳолатҳое, ки боиси беэътибор донистани шартномаи меҳнатӣ мегардад, шартномаҳои меҳнатие мебошад, ки вазъи кормандро дар қиёс бо муқаррароти КМ ҶТ, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ коста менамоянд, масалан, шартномаи меҳнатии бо шартҳои хусусияти табъиздошта, ки метавонад аз ҷониби суд беэътибор дониста шавад.
      Дар танзими муносибатҳои меҳнати занон мавқеи марказиро боби 16 КМ ҶТ, ки сухан дар бораи хусусияти танзими меҳнати занон ва дигар шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ, меравад ишғол менамояд.
     Дар боби 16 КМ ҶТ меъёрҳое сабт шудаанд, ки хусусиятҳои танзими меҳнати занон ва дигар шахсони уҳдадориҳои оилавидоштаро муқаррар менамоянд, аз ҷумлаи онҳо хусусияти низоми меҳнат ва истироҳат барои занон ва дигар шахсони уҳдадориҳои оилавидошта, танаффус барои ғизодиҳии кӯдак, кафолат нисбати занон ва дигар шахсоне, ки уҳдадориҳои оилавӣ доранд, ҳангоми муқаррар намудани навбати пешниҳоди рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда, рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд, рухсатӣ барои нигоҳубини кӯдак, рухсатии кормандоне, ки кӯдакони навзодро фарзандхонд кардаанд ё васии онҳо мебошанд.
     Хулоса, он ҳама санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар боло зикр гардиданд, ба масъалаи баланд бардоштани мақому мавқеи занон дар кишвар ва роҳ надодан ба табъиз дар муносибатҳои меҳнатӣ мусоидат менамоянд.
     Ҳадафи асосии Ҳукумати ҷумҳурӣ аз қабули санадҳои зикршуда пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва нақши онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти занону бонувон маҳсуб меёбад.
 
Бобокалон Ғоиб Мерган,
сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, муҳоҷират ва иҷтимоии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон н.и.ҳ., дотсенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
 
Бобокалонова Саодат Ғоибовна,
мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва табиӣ-риёзии Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Ҷ. Буйдоқов, унвонҷӯи кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад