8-уми декабри соли 2010 соати 8-30 дар толори маҷлисгоҳи Маркази милли қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи: «Масоили назариявӣ ва амалии ҳуқуқи инсон дар Ҷумхурии Тоҷикистон (бахшида ба 62-солгардӣ қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар)» баргузор мегардад.
Дар конфронси мазкур масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт:
1. Мутобиқати санадҳои миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон ба санадҳои байналхалқӣ
2. Танзими вазъи ҳуқуқии инсон дар қонунгузории миллӣ
3. Проблемаҳои татбиқи ҳуқуқҳои инсон дар амалияи хуқуқтатбиқсозӣ
4. Ҳимояи ҳуқуқи инсон дар мурофиаи судӣ
5. Ҳимояи хуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
6. Татбиқи ҳуқуқҳои фитрӣ ва сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
7. Механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
8. Ҳифзи хуқуқҳои кудакон, занон ва дигар гӯруҳҳои иҷтимоӣ
Барномаи конфронс
08.30-09.00 Бақайдгирии иштирокчиён
09.00-09.15 Суҳани ифтитоҳӣ:
Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти ҶТ Раҳимов М.З.
Роҳбари Филиали ассотсиатсияи Швейтсарӣ оид ба ҳамкории байналҳалқӣ «Хелветас» Конкиевич Э.
09.15-09.30 Нақши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҳимояи ҳуқуқҳои инсон. Ализода З. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ
09.30-09.40 Музокира
09.40-09.50 Зарурат ва аҳамияти Эъломияи ҳуқуқи башар. Раҷабов М. дотсенти кафедраи ҳуқуқи байналҳалқии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
09.50-10.00 Музокира
10.00-10.10 Ҳимояи ҳуқуқҳои инсон дар мурофиаи судӣ. Исоев М. Сардори Раёсати назорати қонуни будани қарорҳои судҳо оид ба парвандаҳои ҷиноятии Прокуратураи Генералии ҶТ
10.10-10.20 Музокира
10.20-10.30 Меҳанизмҳои судии ҳифзи ҳуқуқи инсон дар ҶТ. Табаров Н. муовини сардори Шӯъбаи қонунгузорӣ оид ба соҳтори давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва амнияти Маркази миллии қонунгузории назди Президенти ҶТ
10.30-10.40 Музокира
10.40-10.50 Ҳуқуқ ба ёрии ҳуқуқӣ: ки ва чи тавр онро амалӣ менамояд. Гозиев М. Мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминалистикаи факултети ҳуқуқшиносии ДРТС.
10.50-11.00 Музокира
11.00-11.10 Асосҳои маҳдуд намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар ҶТ. Диноршоев А. Сардори Шӯъбаи қонунгузорӣ оид ба соҳтори давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва амнияти Маркази миллии қонунгузории назди Президенти ҶТ
11.10-11.20 Музокира
11.20-11.40 Кофе-брейк
11.40-11.50 Мубоҳиса ва баробарии тарафҳо дар мурофиаи судӣ. Бадриддинов А. ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон».
11.50-12.00 Музокира
12.00-12.10 Ҳимояи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ. Қаюмов С. Прокурори калони Раёсати назорати умумии Прокуратураи Генералии ҶТ
12.10-12.20 Музокира
12.20-12.30 Вазъи ҳуқуқии тарбияи ҳуқуқшиносони баландиҳтисос дар қонунгузории миллии ҶТ. Иброҳимов Ҳ. Сардори шӯъбаи ҷамбасткунӣ ва ёрии амалӣ ба судҳои поёнии Суди Олии ҶТ
12.30-12.40 Музокира
12.40-13.30 Обед
13.30-13.40 Нақши Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дар ташаккули ҳуқуқи инсон. Сафаров Б. Мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
13.40-13.50 Музокира
13.50-14.00 Ҷамбаҳои ҳуқуқии консепсияи муосири даҳолати башардӯстона. Мансуров У. Мудири кафедраи фанҳои ҳуқуқӣ-давлатии факултети ҳуқуқшиосии ДРТС
14.00-14.10 Музокира
14.10-14.20 Ҳифзи ҳуқуқии қурбониёни ҷанг дар давраи низоъҳои ҳарбӣ. Бобоева Х. мутаҳассиси Шӯъбаи ҳуқуқи байналҳалқии Маркази миллии қонунгузорӣ назди Президенти ҶТ
14.20-14.30 Музокира
14.30-14.40 Нақши ҳуқуқҳои иқтисодӣ дар низоми ҳуқуқҳои инсон. Салоҳиддинова С. мутаҳассиси Шӯъбаи қонунгузорӣ оид ба соҳтори давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва амнияти Маркази миллии қонунгузории назди Президенти ҶТ
14.40-15.00 Кофе - брейк
15.00-15.10 Масоили диффаматсия дар низоми ҳуқуқи инсон. Пулатов А. сармутаҳассиси Шӯъбаи ҳуқуқи байналҳалқии Маркази миллии қонунгузорӣ назди Президенти ҶТ
15.10-15.20 Музокира
15.20-15.30 Таъмини муҳити зисти солим кафили амали шудани ҳуқуқ ба саломатии инсон. Фарҳуддинов Ҷ. мутаҳассиси Шӯъбаи қонгузорӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ ва ҳифзи муҳити зисти Маркази миллии қонунгузорӣ назди Президенти ҶТ
15.30-15.40 Музокира
15.40-15.50 Озод намудан аз толори суд ҳамчун кафолати ҳифзи ҳуқуқҳои судшаванда. Назаров Н. ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон»
15.50-16.00 Музокира
15.40-16.00 Ҷамбасти конфронс
Конфронси мазкур бо дастгирии Филиали ассотсиатсияи Швейтсарӣ оид ба ҳамкории байналҳалқӣ «Хелветас» ва ТҶ Маркази ҳуқуқи инсон гузаронида мешавад.