ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Кодекс 1689 КОДЕКСИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 02.04.2020 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1690 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ДАВЛАТӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 02.04.2020 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
КОДЕКС 1688 КОДЕКСИ ОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии ҶТ 02.04.2020 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - ТАҶАССУМГАРИ ҲУҚУҚҲОИ ЗАНОН ВА МАРДОН

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 23/10/2023 - 10:57
   КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - ТАҶАССУМГАРИ ҲУҚУҚҲОИ ЗАНОН ВА МАРДОН
     Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози истиқлолият вобаста ба таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқи конститутсионии занон ва мардон тамоми тадбирҳои заруриро андешида, мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ амалӣ мегардонад.
    Дар ин давра бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмин намудани баробарҳуқуқии мардону занон, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда, аз ҷумлаи занону духтарони лаёқатманд як силсила асноди зарурӣ қабул ва амалӣ гардида истодаанд.
     Дар ин замина таъмини ҳуқуқ ва имкониятҳои баробарии мардон ва занон қисми таркибии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ вобаста ба воқеияти замон ва хусусиятҳои миллию  фарҳангӣ масъалаҳои беҳтар гардонидани шароити занон ва таъмини ҳуқуқу озодии онҳо ҷузъи муҳими сиёсати пешгирифта ба ҳисоб меравад.
     Дар шароити кунунӣ, ки пеш­рафти илму тех­ника мушоҳида мегардад, муносибатҳои нав ба нави ҷамъиятӣ ба назар мерасанд, бароба­рии вазъи ҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардо­нии онҳо талаби замон аст, ки ин ба ҳарду ҷинс имконияти озодона инки­шоф додани қобилияти тавоноӣ, маҳорат ва малакаашонро барои иш­тирок дар раванди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ медиҳад.
     Вобаста ба ин асоси таъмини шароити якхеларо барои амалигардонии ҳуқуқи мардону занон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, принсипҳои умумии эъти­рофшуда ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ташкил менамо­янд.
     Кафолатҳои давлатии баробарҳукуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо дар асоси принсипҳои зерин амалӣ карда мешаванд:
- қонуният;
- баробарҳуқуқии мардону занон;
- нораво будани табъиз аз рӯи ҷинс;
- ошкорбаёнӣ ва шаффофият.
    Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади олии ҳуқуқӣ ба ҳисоб рафта дар қисми дуюми моддаи 17-и он чунин оварда шудааст. “Мардон ва занон баробарҳуқуқанд”.
    Дар қисми дуюми моддаи мазкур сухан дар бораи имкониятҳои баробарии мардон ва занон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятию давлатӣ меравад.
     Вобаста ба ин талаботи конститутсионӣ қонунҳои соҳавӣ (нафақа, ҳифзи меҳнат ва ғайра) қабул шудаанд, ки меъёрҳои конститутсионӣ мазкурро такмил медиҳанд. Оид ба масъалаи баррасишаванда барномаҳои давлатӣ низ қабул гардидаанд, ки онҳо барои дар амал татбиқ шудани баробарии занон ва мардон мусоидат мекунанд. Аз ҷумла барои таъмини воқеии баробарҳуқуқии занон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 “Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” қабул гардидааст.
    Фармони мазкур таъмини иштироки фаъолонаи занонро дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идораи давлат, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии зан ва солим намудани генофонди миллӣ ва баланд бардоштани нақши занонро дар таҳкими пояҳои ахлоқии маънавӣ ва сулҳу ваҳдат муқаррар намудааст, инчунин намояндагии занро бо дарназардошти салоҳиятнокӣ ва сифатҳои касбии кордониашон ба ҳайати роҳбарикунандаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ, ҷамоатҳо, мақомоти прокуратура ва суд,  ва дигар муассисаҳои маориф таъмин намоянд.
     Давлат барои таъмини баробарҳуқуқии мардону занон дар соҳаҳои сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ғайра чораҳои мушаххас меандешад. Барои ҳалли ин масъалаҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробарии амалигардонии онҳо” аз 1 марти соли 2005 №89 қабул гардидааст, ки баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст.
     Давлат иштироки баробарии занонро дар идоракунии давлат кафолат медиҳад. Давлат иштироки баробарии мардону занонро дар мақомоти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ ҳокимити давлатӣ бо тарзу воситаҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва ғайра таъмин менамояд.
     Метавон хулоса намуд, ки механизмҳои номбаршуда, ҳамчун василаҳои иҷтимоии тағйирпазир метавонанд пайваста такмил ёфта, бо дарназардошти хусусиятҳои рушди ҷомеа ҷанбаҳои навро кашф намоянд. Зеро таҳавуллоти иҷтимоии дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти мазкур ҷараёндошта метавонад дигаргуниҳои дигареро низ ба миён оварад.
    Таҳлилу омӯзиши татбиқи баробарҳуқуқии мардону занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки он маҳз тавассути дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат ҳамчун унсури таркибӣ дар сиёсати давлатӣ ворид шуда, бомаром рушду такомул ёфта истодааст.
 
Одиназода Фарида Шамсулло
мутахассиси пешбари шуъбаи қонунгузории гражданӣ, соҳибкорӣ ва оилавии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)