ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1970 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НАЗОРАТИ МАЪМУРӢ НИСБАТ БА ШАХСОНИ АЗ МУАССИСАҲОИ ИСЛОҲӢ ОЗОДШУДА Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1969 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИШТИРОКИ ШАҲРВАНДОН ДАР ТАЪМИНИ ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1968 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip Microsoft Office document icon Замима

КОНСТИТУТСИЯИ МАРДУМӢ

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Чшб, 30/10/2024 - 11:52
     Ҳар сол рӯзи 6-уми ноябр мардуми сарбаланд, меҳнатдӯст, ватандӯст ва тоҷдори ҷаҳон, Тоҷикон ҷашни бошукӯҳу таърихӣ ва сарнавиштсози худ солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо як шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн мегиранд, зеро маҳз дар ҳамин руз 30 сол қабл, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоят ҳассоси таърихӣ, аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ бо иродаи кулли мардуми тоҷик қабул гардида, ба ҳифзи Истиқлолият ва муайян намудани пояҳо ва аркони давлату давлатдории навини тоҷикон нақши ҳалкунанда бозид.
     Ин санади тақдирсоз дар таърихи даврони истиқлолият нақши хело ҳам бузург дорад, зеро ҳар як давлат дар баробари ба даст овардани истиқлолият бояд конститутсияи худро дошта бошад, зеро бе он асосҳои ҳуқуқии давлатро тасаввур кардан ғайриимкон аст. То ин дам дар Тоҷикистон аллакай чор маротиба (1929, 1931, 1937, 1978) конститутсия қабул шуда буд, аммо конститутсияи соли 1994 аз онҳо ба куллӣ, ҳам аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ва ҳам ҷиҳати мазмуни сиёсӣ фарқ мекард, зеро дар он бо ташаббуси сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин бо шарофати пуштибонии самимона ва заҳмати софдилонаи мардуми кишвар, ба Ҳукумати мамлакат муяссар гашт, ки масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, барномаву стратегияҳои милливу соҳавӣ ҳалли худро ёфта, рӯйи кор оянд.
     Калимаи “конститутсия” аз калимаи лотинии “constitution” барпо намудан, бунёд гузоштан, таъсис додан гирифта шуда, дар конститутсияи амалкунанда бо тобишҳои гуногун зиёда аз 35 маротиба истифода шудааст.
Оғози ҳар як китоб сарсухан аст ва оғози конститутсияро дебочаи он ташкил медиҳад. Дебочаи конститутсия баёнгари арзишҳои таърихӣ, фалсафӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқиву давлатӣ буда, барои дарки дурусти мазмуну муҳтавои он хизмат мекунад.
“     МО, ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН,
    қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин конститутсияро қабул ва эълон менамоем.”
      Ин конститутсия на аз номи халқ, балки бевосита аз ҷониби халқ бо роҳи раъйпурсии умумӣ, ки дар 64 ҳавзаи овоздиҳӣ 2685724 шаҳрванд ба рӯйхат гирифта шуда, дар раъйпурсӣ 2535437 нафар ё ки 94,4 фоиз ширкат варзида, ба тарафдории он 2352554 нафар ё ки 87,59 фоиз овоз доданд, қабул гардидааст. Халқ ҳамчун муаллифи ормонҳои ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз масъулияти амалӣ намудани меъёрҳои онро ба уҳда гирифт, ки сабаби халқӣ ном гирифтани он низ аз ҳамин рузи таърихӣ шаҳодат медиҳад.
     Халқи тоҷик таърихан ба адолату адолатпарварӣ, доду додрасӣ, додварзиву инсоф содиқ буда, барои ҳифзи ҳамин як порча хоке ки аз ниёгонамон ба мо мерос мондааст, дар давраҳои мухталифи таърихӣ ҷонбозиҳо кардаанд.
       Ҳаминро ба инобат гирифта, дар лаҳзаи хело ҳам ҳассос, таърихӣ, мураккаби сиёсӣ ва ҳалкунанда, Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуда буд, ки дар он парлумони Тоҷикистон, аҳзоби сиёсӣ, ҳуқуқшиносону коршинсон доир ба аҳамияти таърихӣ доштани Конститутсия, ҳуқуқу озодиҳои инсон дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар паҳлӯҳои ин санади барои миллати тоҷик сарнавиштсоз ибрози назар намуда, зарурати қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба миён гузошт. Зикр шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикосгари ормони кулли халқи тоҷик буда, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, тақвияти рукнҳои давлатдории миллӣ, мушарраф гардидан ба дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, гуногунандешӣ заминаи мусоид ва боэътимоди ҳуқуқиро бояд фароҳам оварад.
     Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи барои миллати тоҷик ҳассос ва сарнавиштсоз таҳия ва қабул гардид, имрӯз яке аз беҳтарин конститутсияҳои дунё эътироф шудааст.
      Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дорои нишона ва хусусиятҳое мебошад, ки онҳо барои эъмори давлати муосири демокративу ҳуқуқбунёд замина гузошта, дар илми муосири ҳуқуқ ҷузъи таркибии қонунҳои сатҳи олӣ эътироф гардидаанд, аз ҷумла:
    - якум, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки аз ҳуқуқҳои табиии инсон маншаъ гирифта, бо кафолати давлатӣ таъмин карда мешаванд. Давлати Тоҷикистон мустаҳкам ва дахлнопазир будани ин ҳуқуқу озодиҳо ва масъулияти давлатро барои риоя ва ҳифзи онҳо эътироф менамояд;
     - дуюм, мустақилияти судҳо ҳамчун механизми асосии кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд. Танҳо суди мустақил метавонад ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро аз дахолати дигарон самаранок ҳифз намояд;
      - сеюм, волоияти Конститутсия нисбат ба ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ.
Ягон қонун ё дигар санад, аз ҷумла санади байналмилали наметавонад Конститутсияро ислоҳ ё пурра намояд ё ин ки ба он мухолифат дошта бошад. Конститутсия якҷо бо ҳуқуқҳои табиӣ асоси низоми ҳуқуқиро ташкил дода, барои ба миён овардани тартиботе, ки дар он қонун ва ҳуқуқ ба ҳам мувофиқ мебошанд, равона мегардад;
     - чорум, афзалияти санадҳои байналмилалӣ. Ин хусусияти давлати ҳуқуқбунёд барои, ба ҷаҳони муосир ворид шудани Тоҷикистон нигаронида шуда, қонунгузории миллӣ дар заминаи меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ ва ба шакли муайян дароварда шуда, ба ин васила рушди демокративу иҷтимоии давлат, ки аз сандаҳои байналмиллалӣ сарчашма мегирад, таъмин карда мешавад.
   Ҳамин тавр, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давраи истиқлоли Тоҷикистон ҳамчун дастоварди бузурги халқ дар роҳи давлатсозиву давлатдории навин ва эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ сабт гардидааст.Қабули конститутсия дар роҳи бунёд ва ташаккули давлатдории миллии тоҷикон, пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ гузошт.
       Мардуми Тоҷикистон марҳалаи давлатдории ҳуқуқбунёди демократӣ, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ривоҷи муносибатҳои нави иқтисодиро дар заминаи моликияти хусусӣ ва соҳибкорӣ шурӯъ намуд. Давраи мустақили рушди иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ дар робита бо эҳёи суннатҳои давлатдории ниёгон, истифодаи васеи анъанаҳои миллӣ, мероси ғании фарҳангӣ ва дар заминаи густариши равобити дутарафаву бисёртарафа бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ оғоз шуд. Конститутсия аз ҷониби давлат кафолат дода шудани фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро муқаррар намуд.
     Яке аз самтҳои муҳимми сиёсати молияи давлатӣ, ки пас аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз меъёрҳои он сарчашма мегирад, ин хусусияти иҷтимоиро пайдо намудани қисми хароҷоти Буҷети давлатӣ мебошад, ки он пеш аз ҳама барои дар амал татбиқ намудани афзалиятҳои рушди иқтисодиёт ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ, рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, таъмини пурраи уҳдадориҳои давлат дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мустаҳкам намудани базаи моддию техникии муассисаю ташкилотҳои соҳаи иҷтимоӣ ва беҳтар намудани хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба аҳолӣ равона карда шудааст.
     Қобили тазаккур аст, ки дар амалишавии самараноки ҳадафҳои стратегии давлатӣ, инчунин, рушди бемайлони иқтисодиёт ва пешбурди сиёсати ягонаи молияи давлатӣ, дар баробари дигар мақомоти марбутаи давлатӣ, нақши Вазорати молия ҳамчун мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ низ назаррас аст.
     Дар сӣ соли охир, ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон бо бисёр давлатҳои ҷаҳон, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва институтҳои молиявии ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст, ки натиҷаҳои ҳамкориҳо хеле назаррас ва густурда мебошанд.
     Ин аст, ки сиёсати молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз бо истифода аз стандартҳои байналмилалӣ рушди устувори соҳаҳои молиявию иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаро таъмин менамояд.
     Дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки дастовардҳои бузургтарини мо пас аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама, барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ, таъмини рушди устувори молиявию иқтисодӣ, таҳкими бехатарии ҷомеа, болоравии ҳисси ватандўстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки ин ҳама маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишварамон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмату кўшишҳои мардуми соҳибмаърифату фарҳангдўсти тоҷик муяссар гардидааст.
     Эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” низ яке аз сиёсати оқилонаи Сарвари давлатамон ба ҳисоб меравад. Дар доираи ҳамин сиёсат аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бисёр озмуну чорабиниҳо дар бахши баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ташкил ва баргузор гардида истодааст, ки яке аз онҳо дар мавзӯи “Беҳтарин донандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ, инчунин байни донишҷӯёни муассисаҳои олӣ ва қишрҳои дигари ҷомеа гузаронида шуда истодааст.
     Конститутсия санади сарнавиштсоз ва шиносномаи миллати тоҷик дар арсаи рушд ва нумӯи давлатдории миллӣ, ҳуҷҷати асосии танзимкунандаи меъёрҳои ахлоқию ҳуқуқӣ, қарору қонунҳои амалкунандаи ҷомеа буда, мазмуну муҳтавои бобҳо, моддаҳо ва зербандҳои он фарогири тамоми дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиямон мебошанд.
     Масъалаҳои меҳварии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мафҳумҳои инсон, шаҳрванд ва халқ ҳамчун сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти кишвар, арзишҳои фарҳангӣ ва муқаддасоти миллӣ, тамомияти арзӣ, дахлнопазирии ҳудуди он, ҳимояи боигариҳои табиии кишвар ва сохтори идоракунии давлатӣ ташкил дода, дигар масоили дарҷёфта ифодакунандаи ин нуктаҳои меҳварӣ мебошанд.
     Ҳамзамон конститутсия аз он ҷиҳат арзишманд аст, ки он дастоварди мукаммали даврони соҳибихтиёрии кишвар, сарчашмаи ҳуқуқии бунёди давлати тозатаъсиси миллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъминкунандаи истиқлолият, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои тамоми шаҳрвандони кишвар мебошад.
     Конститутсия дар худ маҷмӯи арзишҳои эътирофшудаи ҷомеаи шаҳрвандиро инъикос дошта, кафили ҳифзи эътимоднокии онҳо, шукуфоии кишвар дар замони ҳассоси ҷаҳонишавӣ мебошад. Он дурнамои рушди Тоҷикистонро муайян намуда, ҷиҳати бартараф кардани мавҷи нооромиҳову низоъҳои дохилӣ, таъмини сулҳу суботи кишвар ва муваффақ шудан ба Ваҳдати миллӣ нақши беназир гузошт.
     Аз ин нуқтаи назар Конститутсия ҳамчун маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқӣ барои Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои ҳаётбахши ҷомеа, ба хусус, фаъолияти созандагию бунёдкорӣ шароити мусоиди сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангиро фароҳам оварда, мардуми кишваррро ба меҳнати софдилона, татбиқи сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар, қарору қонунҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ ҳидоят менамояд.
     Ташаккул ёфтани ақлу зеҳнияти инсонӣ, кашфи асрори ниҳони табиату ҷомеа, муваффақ шудан ба дастовардҳои беназир ва талаботи инсон дар саҳнаи гуфтугӯи тамаддунҳо ба тағйирёбии ҷомеа низ шароити мусоид фароҳам овард. Тағйирёбии муназзами иҷтимоӣ боис гардид, ки қонунҳо низ тағйир ёфта, ҷойи онҳоро қонунҳои нави ба талаботи ҷомеа мувофиқ иваз намоянд. Азбаски Конститутсия ҳамчун Қонуни асосии кишвар ҳамрадифи ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангии ҷомеа буда, таъсир мерасонад. Бинобар ин ба ин санади тақдирсоз низ бо назардошти манфиатҳои давлату ҷомеа зарурияти ворид кардани тағйироту иловаҳо пеш омад. Зеро Конститутсия мустаҳкамкунанда, муайянкунандаи мақом ва манзалати инсон, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои ӯ дар ҳудуди давлат, таҳким ва устувории ҳокимияти давлатӣ, ба вижа, ҳокимияти иҷроия, қонунгузор ва суд маҳсуб ёфта, таҳкиму устувории Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеаро таъмин менамояд.
     Аз ин рӯ, вобаста ба талаботи замон ва ҳимояи тамомияти арзиву манфиатҳои миллӣ, амнияту суботи кишвар ва пойдории Ваҳдати миллӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се мартиба: 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тағйиру иловаҳо тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ворид шуд ва дар тағйироти охирин ба зиёда аз 39 моддаи он тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.
     Ҳамин тариқ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ, сарчашмаи асосии қонунгузорӣ, омили ризоият ва ҳамгироӣ таи сӣ соли амалаш тавонист дар Тоҷикистон ниҳодҳои демократияро бунёд гузорад. Ба таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, якпорчагӣ ва ягонагӣ заминаи воқеӣ гузошт.
     Мо шаҳрвандон кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки донишҳои муосирро аз худ намуда, масъулияти худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда эҳсос намуда, ба қадри заҳмати наслҳои гузаштаи халқи тоҷик, ки дар шароити вазнини таърихӣ заҳмат кашида, барои истиқлол ва рушди давлатдории Тоҷикон талош варзида, ҷонбозиҳо намудаанд, инчунин барои таҳкими он шароит ва заминаҳои мусоидро муҳайё сохтаанд, расем ва то тавонем барои наслҳои ояндаи худ ҳаёти бошарафона, рушди босуботро ба мерос гузорем.
     Воқеан, сарзамини биҳиштосо, диёри зебоманзару нотакрор, Тоҷикистони соҳибихтиёри мо имрӯз ҷашн дорад, ҷашни саиду фархунда, ҷашни мубораку хуҷаста, 30 - юмин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. З-ин сабаб ҳама мардуми сарбаланди тоҷикро бо ин рӯзи нишотбахш, солгарди қабули Конститутсияи кишвар, ки раҳнамои тоҷикистониён меноманд самимона табрику таҳният намуда, таманнои онро дорам, ки дар Тоҷикистони ободу озоди мо ҳамеша сулҳу амният пойдор бошаду шаҳрвандонаш хушиқболу хонаобод ва сарбаланду некном бошанд!
      Мақсад аз баёни мавзуи болозикр дар он аст, ки мехостам бори дигар он лаҳзаҳои хело ҳам ҳассос ва вазъи хело ҳам ноороми сиёсие, ки дар кишвар буд, рӯи назар орем. Тоҷикистони он солҳоро бо Тоҷикистони нав муқоиса намуда, ба қадри ин давлати ободу ором ва зебо расем. Ба қадри ҳама заҳматҳои давлату Ҳукумат ва пеш аз ҳама Пешвои оқилу доно, хирадманд сулҳофари худ расем ва тавонем чун пайравони асили Пешвои миллат аз ин сиёсат пайравӣ намуда, баҳри пешрафти Тоҷикистони азизамон саҳмгузор бошем.
30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳама тоҷикони ҷаҳон муборак бод!
 
Сайдаҳмадзода Шукрона,
ёрдамчии Директор

Нишонаи номӣ (тег):

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (3 овоз)