ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1922 ДАР БОРАИ ТИҶОРАТИКУНОНИИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ Маҷлиси Олӣ 23.02.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon Word PDF icon PDF Package icon Zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1920 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН Маҷлиси Олӣ 23.02.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon Word PDF icon PDF Package icon Zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1921 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САВДОИ ЭЛЕКТРОНӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24.12.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

Консепсияи сиёсати ҳукуқии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

-A A +A
Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар Санаи интишор: Чшб, 08/04/2020 - 10:21

 Бо қарори
                                                                                                       Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
                                                                                                       аз «02» ноябри соли 2013, № 492
                                                                                                       тасдиқ шудааст

 

 Консепсияи
сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 1. Муқаррароти умумӣ

       1. Консепсияи сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Консепсия) низоми расман дар кишвар муқарраргардидаро ифода менамояд, ки моҳият, мақсад, самт, афзалиятҳо ва меъёрҳои самаранокии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар соҳаи ҳимояи шахс, ҷамъият ва давлат аз таҷовузҳои ҷиноятӣ ба воситаҳои қонунгузории ҷиноятиро муайян мекунад.
       2. Сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати яке аз самтҳои татбиқи консепсияи давлатии таъмини амнияти криминологӣ баромад менамояд ва дар эътироф кардани алоқамандӣ ва баҳамвобастагии появии муқаррароти асосии он бо сиёсати иҷтимоии давлат, инчунин сиёсати пешгирии ҷинояткорӣ, ҳимоя ва дастгирии ҷабрдидагон аз ҷиноятҳо, иҷрои ҷазоҳои ҷиноятӣ ва чораҳои дигари хусусияти ҳуқуқӣ-ҷиноятидошта, барқарорсозии иҷтимоӣ ва назорат аз болои шахсоне, ки ҷазои ҷиноятиро адо кардаанд, пешбинӣ мешавад.
       3. Сиёсати ягонаи ҳуқуқии ҷиноятии ҷумҳурии Тоҷикистон ба равияҳои замонавии инкишофи ҷомеа асос ёфта, дар натиҷаи таҷриба ва асосноккунии илмӣ, тасаввуроти фундаменталии дурнамои наздик ва дарозмуддати давлати Тоҷикистон ва ҷомеа дар самти мазкур зарур мебошад.
       4. Асоси ҳуқуқии Консепсияро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи инсон ва назорат аз болои ҷинояткорӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳо, инчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳанд.
     5. Консепсия барои тарҳрезии нақшаҳои оянда ва ҳарсолаи фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии Ҳукумати Тоҷикистон дар соҳаи ҳимояи шахс, ҷамъият ва давлат аз таҷовузҳои ҷиноятӣ ба воситаҳои қонунгузории ҷиноятӣ, таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи такмил додани қонунгузории ҷиноятӣ ва таҷрибаи татбиқи он, инчунин барои арзёбӣ ва тасҳеҳи минбаъдаи сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ асос мебошад.

 2. Мақсад ва вазифаҳои сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ

         6. Мақсадҳои сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоянд:
- таъмин намудани амнияти шахс, ҳуқуқ ва озодии он, инчунин ҷамъият ва давлат аз таҳдиди бо ҷинояткорӣ алоқамандбуда;
- ҳимояи муносибатҳои ҷамъиятии ҳаётан муҳим, махсусан дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ;
- ҳимояи манфиатҳои давлат дар дохил ва хориҷи кишвар аз таҷовузи ҷинояткорона;
- паст намудани сатҳи шиддатнокии иҷтимоӣ дар ҷамъият дар асоси танзими муносиб ва боадолатонаи бартараф намудани низоъи аз ҷиноят ба амал омада;
- мусоидат барои расидан ба беҳбудӣ ва некўаҳволии иҷтимоӣ инчунин дар асоси бавуҷудоварии афкори сафедкунии иҷтимоӣ ва реинтегратсияи иҷтимоии шахсоне, ки бо сабаби ҷиноят ба низоъ ҷалб гардидаанд.
        7. Дар замони муосир ҳалли вазифаҳои зерини ба ҳам алоқаманди сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ зарур мебошад:
- бо дарназардошти талаботи муайян ва суботи ҳуқуқӣ роҳ надодан ба тафсири васеи таркиби ҷиноят;
- таъмини воқеии мувофиқати қонунгузории ҷиноятӣ бо таҳдидҳои ҷиноятӣ ва тамоюлҳои пешбаранда дар рушди ҷинояткорӣ;
- мутобиқати пурраи қонунгузории ҷиноятӣ ва таҷрибаи татбиқи он бо Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва амнияти ҷамъиятӣ;
- рушд додани асос ва механизмҳои ҳамоҳангсозӣ ва якхелакунии (унификатсияи) қонунгузории ҷиноятӣ дар доираи ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таъмини кафолати боэътимоди устувори ҳуқуқи давлат барои татбиқи чораҳои таъсирбахши ҳуқуқию ҷиноятӣ нисбат ба шахсоне, ки ҷиноят содир кардаанд ва кафолати амнияти мустақилияти ҳуқуқию ҷиноятии давлат аз таҳдидҳои берунӣ ва дохилӣ;
- кафолати ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони ҷабрдида аз ҷиноятҳо, таъмини амнияти онҳо, фароҳам овардани шароит ҷиҳати ба ҳадди пурра татбиқ гардидани ҳуқуқҳои инсон барои дастрасӣ ба адолат, суди одилона ва ҷуброни зарари аз ҷинояткорӣ расонидашуда;
- таҷдиди низоми оқибатҳои ҷиноятию ҳуқуқии содир кардани ҷиноятҳо бо дарназардошти зарурати дар як вақт ҳал намудани масъалаҳои ҷазодиҳӣ, барқарорсозӣ, иҷтимоию реинтегратсионӣ ва пешгирикунанда;
- беҳтаршавии сифатии ҳолати воқеии ҷинояткориро ба даст овардан, аз ҷумла паст кардани сатҳ ва сохти хатари ҷамъиятии намудҳои алоҳидаи он: ҷинояткориҳои ретсидивӣ, муташаккилона, террористӣ,ғаразнок, коррупсионӣ, экстремизм, бо роҳи зўроварӣ содиршаванда ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиѓон.
      8. Вазифаи ниҳоии сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз такмил додани қонунгузории ҷиноятии ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст. Ин вазифа бо назардошти ҳалли якчанд масъалаҳои муҳим анҷом меёбад, аз ҷумла масъалаҳои:
- мутобиқ намудани он ба талаботи санадҳои байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, аз ҷумла ба Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ, Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи коррупсия;
- мониторинги доимии мутобиқати қонунгузории ҷиноятӣ вобаста ба таҳаввулотҳои мавҷуда ва амалияи ҳуқуқтатбиқкунӣ;
- пурзўр намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ, террористӣ ва экстремистӣ дошта, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, савдои одамон ва дигар ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ;
- декриминализатсияи баъзе аз ҷиноятҳо;
- бо дарназардошти асосҳои илман асоснок криминализатсия намудани кирдорҳои ба ҷамъият хавфнок;
- аз Кодекси ҷиноятӣ хориҷ намудани масъалаи такрори ҷиноят;
- таҷдиди назар намудани ретсидиви ҷиноят ҳамчун нишонаи банду басткунӣ;
- сабук намудани ҷазо барои баъзе категорияҳои шахсон, аз ҷумла барои ноболиғон, занон ва шахсоне, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор доштанд;
- таҷдиди назар намудани санксияҳои моддаҳои алоҳидаи қисми махсуси Кодекси ҷиноятӣ;
- аз Кодекси ҷиноятӣ хориҷ намудани маҳдуд кардани озодӣ ҳамчун намуди ҷазо ва ба ҷои он ҷорӣ намудани дигар намуди ҷазои бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд набуда.

 

 3. Самтҳои асосии сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ

     9. Самтҳои асосии сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ояндаи наздик ва миёнамўҳлат дар зарурати мутобиқати қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалияи татбиқи он бо Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқати вазъи ҷинояткорӣ ба низоми принсипҳо, афзалиятҳо ва мўҳтавои Кодекси ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқат ва баланд бардоштани самаранокии механизми танзими ҳуқуқии ҷиноятӣ ифода меёбад. Бинобар ин, сиёсати давлат бояд ба самтҳои зерин равона карда шавад:
   - инсондўстии қонунгузории ҷиноятӣ нисбати шахсоне, ки бори аввал ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёнаро содир намудаанд, шахсони аз ҷиҳати иҷтимоӣ эҳтиёҷманд - занони ҳомила ё кўдаки ноболиѓ дошта, ноболиѓон ва шахсоне, ки дар пиронсолӣ ҷиноят содир намудаанд;
   - давом додани фаъолият оид ба декриминализатсияи ҷиноятҳое, ки ба ҷамъият хавфнок нестанд, тавассути ворид намудани онҳо ба категорияи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва пурзўр намудани ҷавобгарӣ барои содир намудани чунин кирдорҳо, ҳамчунин аз нав баҳо додани баъзе кирдорҳои ҷиноятӣ барои кам намудани ҷазои ҷиноятӣ (депенализатсия);
    - бо дарназардошти таҷрибаи мавҷудаи тафтишотӣ–судӣ, инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ дар кишвар, санадҳои байналмилалӣ ва таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ муайян кардани зуҳуроти нави ҷиноятӣ, ки бо Кодекси ҷиноятӣ фаро гирифта нашуда, барои онҳо ҷавобгарии маъмурӣ муқаррар шудааст, ё умуман ҷавобгарӣ пешбинӣ нашудааст, муқаррар кардани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои содир намудани онҳо (криминализатсияи ин ҷиноятҳо);
  - пурзўр намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ нисбати шахсоне, ки ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин содир намудаанд ё аз таъқиботи ҷиноятӣ пинҳон шудаанд;
- пурзўр намудани ҷавобгарӣ барои содир намудани ҷиноятҳо муқобили ноболиѓон, занон ва шахсоне, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор доштанд, ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо, инчунин вазнин намудани ҷавобгарӣ барои содир намудани ҷиноят дар ҳайати гурўҳи муташаккил, ташкилоти ҷиноятӣ ё иттиҳоди ҷиноятӣ;
   - бознигарии ҷарима ҳамчун яке аз ҷазоҳои самаранок бо кам кардани андозаи ҷарима барои ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна;
  - мутобиқ намудани санксияҳои моддаҳои қисми махсуси Кодекси ҷиноятӣ барои ҷиноятҳои дараҷаашон якхела мутобиқи принсипи адолат;
   - таҷдиди назар намудани ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ нисбати ҷиноятҳои алоҳида ва иваз намудани он бо дигар намудҳои ҷазои бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд набуда;
   - инкишоф додани институти озод намудан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, ҷазои ҷиноятӣ, шартан татбиқ накардани ҷазо ва шартан пеш аз муҳлат аз адои ҷазо озод намудан.
    10. Бо мақсади инкишоф додани қонунгузории ҷиноятӣ, ки татбиқи он ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрвандро маҳдуд месозад, мафҳумҳои асосии он бояд аз нигоҳи илмӣ дуруст пешниҳод карда шаванд.
   11. Таъмини мувофиқати сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) ҷумҳурии Тоҷикистон талаб менамояд:
- қонунгузории ҷиноятӣ ба сифати санади меъёрии ҳуқуқии мустақим дар мавриди баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ ва ба сифати маҳаки асосии арзёбии хусусияти ҳуқуқии нишондодҳои он табдил дода шавад;
- мониторинги доимии муқаррароти қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷрибаи татбиқи он ба матлаби мувофиқати Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- тарҳрезии усулҳои дар амалия ҷорӣ кардани экспертизаи криминологии лоиҳаи қонунҳо дар бораи ворид намудани таѓйирот ба Кодекси ҷиноятии ҷумҳурии Тоҷикистон.
   12. Таъмини мувофиқати сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, талаб менамояд, ки:
- мониторинги доимии муқаррароти қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷрибаи истифодаи он ба матлаби мувофиқат ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, татбиқ карда шавад;
- рушди ҳамкориҳои байналмилалию ҳуқуқӣ дар соҳаи сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ дар доираи иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти байналмилалӣ, иҷрои шартномаҳои байналмилалӣ дар бораи ёрии ҳуқуқии дуҷониба оиди парвандаҳои ҷиноятӣ ва дигар шартномаҳои байналмилалӣ дар мубориза бо ҷинояткорӣ самаранок карда шуда, ташкили якҷоя амал кардан ва ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суди ҷиноятии байналмилалӣ ба роҳ монда шавад;
- тарҷумаи қарорҳои судӣ оиди ҳуқуқи инсон аз рўи шикоятҳои зидди ҷумҳурии Тоҷикистон баровардашуда аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва расонидани онҳо ба маълумоти мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда бо роҳи нашри мунтазам ва саривақтӣ ҷорӣ карда шавад.
   13. Тасҳеҳи принсипҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ бо назардошти муқаррароти зерин амалӣ карда шавад:
- хусусияти ҳуқуқии қонунгузории ҷиноятӣ ва натиҷаҳои истифодаи он наметавонад ҷудо аз заминаҳои умумии танзими ҳуқуқӣ-ҷиноятӣ, принсипҳои умумии ҳуқуқ, асосҳои конститутсионӣ-ҳуқуқии муносибатҳои шахс ва давлат, принсипҳо ва меъёрҳои умумиэътирофнамудаи ҳуқуқи байналмилалӣ бошад;
- дар мутобиқат ва бо назардошти нишондодҳои қонунгузории соҳаҳои дигари ҳуқуқ ҷиноят эътироф намудани кирдорро Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад; маънидодкунии васеи меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ дар қисмати асоси ҷавобгарии ҷиноятиро муайянкунанда манъ аст;
- Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳадди ақали мукаммали номгўи кирдорҳои ҷиноят эътирофшавандаро доро бошад, ки муқовимат ба онҳо наметавонад бо воситаи қонунгузории соҳавии дигар самаранок амалӣ карда шавад;
- қонуният набояд имконияти салоҳияти ҳуқуқтатбиқкунандаро дар танзими муносибатҳои ҳуқуқӣ-ҷиноятӣ истисно намояд, инчунин мавҷуд будан ва ҳудуди салоҳият набояд бо афкорҳои қонуният зид бошад;
- баробарии шаҳрвандон дар назди қонун бояд ба таври зарурӣ низоми васеи масунияти беасосро аз таъқиби ҷиноятӣ истисно намояд; қонунгузории ҷиноятӣ набояд меъёрҳо ва нишондодҳое, ки мақоми махсуси ҷиноятӣ-ҳуқуқии шаҳрвандонро дар асоси мансубияти онҳо ба гурўҳи номаълуми иҷтимоӣ ташкилкунанда доро бошад;
- баробарии шаҳрвандон дар назди қонун имкониятҳо ва мувофиқи мақсад будани тафриқабандии ҷавобгарии ҷиноятиро бо назардошти маълумотҳо оиди шахсияти айбдоршуда истисно наменамояд, дар ин маврид аломатҳои тавсифдиҳандаи шахсияти айбдоршуда наметавонанд ба низоми аломатҳое, ки асоси ҷавобгарии ҷиноятиро муайян мекунанд, ворид шавад;
- принсипи инсондўстии ҳуқуқи ҷиноятӣ маънои беасос сабук кардани ҷазои ҷиноятии шахси ҷиноят содиркардаро надорад; инсондўстии ҳуқуқи ҷиноятӣ бо талаботи барқарор намудани адолати иҷтимоӣ бояд зиддият надошта бошад.
   14. Амалигардонии сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии давлат ин сиёсати пешгирии ҷинояткорӣ мебошад, ки дар якҷоягӣ бо ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология, мурофиаи ҷиноятӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ амалӣ карда мешавад.
   15. Рушду такомули сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ дар ҳампайвастагии комплексӣ бо истилоҳоти ҳуқуқи ҷиноятӣ, ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ ва ҳуқуқи иҷрои ҷазо, инчунин ҳуқуқтатбиқкунӣ вобастагӣ дорад, звенои асосии сиёсати ҳуқуқии давлат мебошад. Вобаста ба ин сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ такмили якҷояи қонунгузории ҷиноятӣ, иҷрои ҷазо ва мурофиаи ҷиноятиро пешбинӣ мекунад. Такмили қонунгузории ҷиноятӣ талаб менамояд, ки:
- афзалиятҳои меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ дар эътироф кардани кирдор ҳамчун ҷиноят нисбат ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шавад;
- дар байни ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунӣ, аз ҷумла ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, фарқият ҷорӣ карда шавад;
- категорияҳои ҷиноят, бо назардошти ҷорӣ намудани сабукӣ нисбати ҷиноятҳои начандон вазнин ва ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содиршуда ва арзёбӣ нисбати ҷиноятҳои муташаккил ва трансмиллӣ таҷдиди назар карда шавад;
- асосҳо ва ҳадди ҷавобгарии ҷиноятӣ барои содир намудани ҷинояти нотамом бо мақсади аз Кодекси ҷиноятӣ хориҷ намудани ҷавобгарӣ барои тайёрӣ ба ҷиноят муайян карда шавад;
- институти такрори ҷиноят аз Кодекси ҷиноятӣ хориҷ карда шавад;
- калимаҳои мураккаб дар байни шаклҳои алоҳидаи маҷмўи ҷиноят бартараф карда шаванд; муайян кардани мазмуни ҳуқуқии ретсидиви ҷиноят бо назардошти принсипи адолат, аз ҷумла ретсидиви ҷиноят ҳамчун нишонаи бандубасткунӣ мукаммал карда шавад;
- институти шарикӣ дар ҷиноят, муаяйн кардани аломатҳои шарикӣ мукаммал гардонида шаванд; мухолифати байни аломати шаклҳои алоҳидаи шарикӣ дар ҷиноят ва аломатҳои алоҳидаи таркиби ҷиноят бартараф карда шавад;
- мафҳумҳои асосии қонунгузории ҷиноятӣ ва қоидаҳои асосии бандубасткунии ҷиноят дар худи Кодекси ҷиноятӣ мустаҳкам гардонида шаванд;
- техникаи қонунгузории ҷиноятӣ бо назардошти қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мукаммал гардонида шавад.
   16. Навсозии муқаррароти қонунгузории ҷиноятӣ дар бораи ҷазо ва дигар чораҳои характери ҷиноятӣ-ҳуқуқӣ талаб менамояд, ки:
- таносуби категорияҳои «ҷавобгарии ҷиноятӣ», «чораҳои дорои хусусияти ҳуқуқӣ-ҷиноятӣ» ва «ҷазои ҷиноятӣ» мутобиқи назария ва мувофиқи Консепсия танзим карда шавад;
- тавозуни муносиби ҷазодиҳӣ, барқароркунӣ ва воситаи тадбирҳои танзими ҳуқуқӣ-ҷиноятӣ, ки истифодаи комплекси онҳо барои ноил гардидан ба мақсади сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ мусоидат менамояд, таъмин карда шавад;
- низоми чораҳои хусусияти ҳуқуқию ҷиноятӣ дошта, ки Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, бо низоми маҳдудкуниҳо ва манъкуниҳои ҳуқуқӣ барои шахсони ҷиноятсодиркарда дар қонунгузории соҳаи дигари тааллуқият мувофиқа карда шавад;
- бо назардошти санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, муносиб кардани низом ва мазмуни ҷазоҳои асосӣ, кор карда баромадани низоми алоҳидаи ҷазоҳои иловагӣ, ки бо низоми дигар чораҳои хусусияти ҳуқуқии ҷиноятӣ дошта мувофиқа карда шудааст; низоми адои ҷазоҳои асосӣ ва иловагӣ бо назардошти шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ гардонида шавад;
- таркиби (конструксияи) ҳуқуқии ҷиноятие, ки барои ҳал намудани вазифаҳои ҷуброни зарар ва расонидани кўмаки дигар ба ҷабрдидагони ҷиноят асос фароҳам меорад, ҷорӣ карда шавад;
- муносибати системавӣ ва тафриқаи пайдарҳами ҷавобгарии ҷиноятӣ ҳангоми муқаррар кардани санксияи моддаҳои қисми махсуси Кодекси ҷиноятии ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда шуда, ҳаҷм ва ҳадди салоҳдиди суд ҳангоми таъин намудани ҷазои ҷиноятӣ ва дигар чораҳои хусусияти ҳуқуқии ҷиноятидошта муқаррар карда шавад.

 

4. Таъмини шартҳои самараноки сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ

   17. Самаранокии сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибати комплексиро ба татбиқи он ва таъминоти дахлдори меъёрӣ, кадрӣ, иттилоотӣ, молиявӣ ва дигари захиравиро талаб менамояд.
  18. Таъминоти ташкилии самаранокии сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ мутобиқаткунии дахлдор ва ташкили барномаи мақсадноки кори низоми мақомоте, ки самтҳои асосии онро татбиқ мекунад, талаб менамояд.
  19. Бо мақсади такмили асосҳои ташкилии сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ ҳамкориҳои байни мақомоти ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои илмӣ ва ташкилотҳоро ҳангоми баррасии масъалаҳои вобаста ба такмили қонунгузории ҷиноятӣ ва дигар қонунгузорӣ оид ба муқовимат бо ҷинояткорӣ бояд ҷоннок карда шавад. Гузаронидани як қатор чорабиниҳо дар доираи ин ҳамкорӣ пешбинӣ карда шаванд, аз ҷумла:
- таҳияи таклифҳо оид ба такмили самтҳои асосии сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ;
- гузаронидани экспертизаи лоиҳаи қонунҳо оид ба ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳаҳои дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи қонунгузории ҷиноятӣ;
- таҳлили таҷрибаи татбиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омода намудани таклифҳо оид ба ворид намудани таѓйиру иловаҳои зарурӣ ба он;
- пешниҳод намудани таклифҳо ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар бораи таҳияи лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи қонунгузории ҷиноятӣ.
   20. Таъмини иттилоотии самараноки сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ, мутобиқ гардонидани низоми ташаккул, таҳлил, пешниҳоди оммавӣ ва арзёбии маълумот дар бораи натиҷаҳои татбиқи сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ ва дурнамои рушди онро талаб менамояд. Бо ин мақсадҳо зарур аст:
- низоми ҷамъоварӣ ва таҳлили иттилоотии оморӣ дар бораи ҳолати таҷрибаи татбиқи қонунгузории ҷиноятӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил дода шавад;
- бо мақсади ташкили махзани маълумот дар бораи ҳолати ҷинояткорӣ ва амнияти криминологӣ дар мамлакат пурсишҳои доимииғайриидоравии умумиҷумҳуриявӣ ва минтақавии виктимологӣ ва дигар пурсишҳои сотсиологии аҳолӣ дар бораи сифати татбиқи сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ ташкил карда шавад;
- гузаронидани тадқиқотҳои пешгўикунанда барои гирифтан ва истифодабарии иттилоот дар бораи дурнамои рушди қонунгузории ҷиноятӣ, самтҳо ва шаклҳои фаъолияти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқӣ, ҳолат ва ҷараёни инкишофи (динамикаи) ҷинояткорӣ ҳамчун асоси муҳими қабули қарор дар соҳаи сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ ҳавасманд карда шавад;
- дастрасии пурраи шаҳрвандон ба иттилоот дар бораи ҳолати ҷинояткорӣ дар мамлакат, натиҷаҳо ва сифати татбиқи сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ таъмин карда шавад;
- дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ мубодилаи доимии иттилоот дар бораи навъҳои самараноки танзими ҳуқуқии ҷиноятӣ ташкил карда шавад;
- бо мақсади муҳокимаи оммавии самтҳои асосӣ ва натиҷаҳои сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ, сомона ва маҷаллаи илмӣ-таҳлилии «қонунгузорӣ» - нашрияи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин сомона ва маҷаллаи мақомоти татбиқкунандаи сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ вобаста карда шаванд.
   21. Маблаѓгузории чорабиниҳо оид ба коркард ва татбиқи сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ аз ҳисоби маблаѓҳои буҷети давлатӣ дар доираи маблаѓҳои сметаи махсуси мақомоту муассисаҳои дахлдор амалӣ карда мешавад.
  22. Чорабиниҳои алоҳида оид ба таъмини иттилоотӣ, илмӣ-методии татбиқи сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ метавонанд аз ҳисоби дигар сарчашмаҳое, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд, маблаѓгузорӣ карда шаванд.
  23. Таъмини илмӣ-методии самаранокии сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ ба таври дахлдор ҳамроҳикунии доктриналии онро дар ҳамаи марҳалаҳои ҳуқуқэҷодкунӣ дар назар дорад. Самтҳои афзалиятноки тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаи сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ инҳоянд:
- пешгўӣ ва навкунонии ҳуқуқии ҷиноятӣ ва криминологӣ;
- омўзиши сабаб ва шароитҳои содир намудани ҷиноят аз нигоҳи криминологӣ ва самаранокии қонунгузории ҷиноятӣ;
- таҳлили низом ва таҷрибаи татбиқи чораҳои хусусияти ҳуқуқии ҷиноятидошта ва дигар оқибатҳои ҳуқуқии содир намудани ҷиноят;
- коркарди методикаҳои самараноки экспертизаҳои криминологӣ, зиддикоррупсионӣ, ҳуқуқӣ, забоншиносӣ ва дигар экспертизаҳои қонунгузории ҷиноятӣ;
- истифодаи ҳуқуқшиносии муқоисавӣ дар соҳаи ҳуқуқи ҷиноятӣ.

 

5. Самаранокии сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

     24. Самаранокии сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сатҳи ҳифзшавандагии шахсият, ҷомеа ва давлат аз таҳдидҳои вобаста ба ҷинояткорӣ, инчунин сифати барқароркунии манфиатҳои хусусӣ ва оммавии бо ҷиноят вайронкардашуда муайян карда мешавад.
   25. Самаранокии сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ дар асоси маълумотҳои комплексие, ки инҳоро инъикос менамояд, баҳо дода мешавад:
- таносуби вазъи ҷинояткорӣ, ки дар асоси пурсишҳои мунтазами виктимологӣ муқаррар карда шудааст, бо маълумотҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи миқдори ҷиноятҳои бақайдгирифташуда ва тафтишшуда, ки имконият медиҳад сатҳи ҷинояткорӣ дар мамлакат ва самарабахш будани назорат аз болои вазъияти криминогенӣ ба таври воқеӣ баҳо дода шавад;
- сифати кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар қисми эътинои саривақтӣ, асоснок ва самарабахш ба таҳдиди амнияти криминологӣ дар асоси пурсишҳои афкори ҷамъиятӣ ва арзёбии экспертӣ муайян карда мешаванд;
- самарабахшии таҷрибаи судии баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ, ки дар асоси маълумотҳо дар бораи риояи муҳлатҳои оқилонаи баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ, таѓйир додан ё бекор кардани қарорҳо оиди банду басти ҷиноятҳо, таҷрибаи таъин намудани ҷазоҳои ҷиноятӣ ва дигар чораҳои хусусияти ҳуқуқии ҷиноятӣ дошта, сифат ва муҳлатҳои иҷрои ҳукмҳои эътибори қонунӣ пайдокардаи судҳо баҳо дода мешавад;
- таносуби андозаи зарари расонидашуда бо ҷиноятҳои содиршуда бо маълумотҳои муқоисашаванда дар бораи пардохтҳои талофӣ ва дигар пардохтҳо ба ҷабрдидаҳои ҷиноятҳо;
- арзёбии ҷамъиятии сатҳи амнияти криминологӣ, инчунин самаранокӣ ва кифоягии чораҳои эътинои ҳуқуқии ҷиноятӣ ба таҳдидҳои криминологӣ, ки дар асоси маълумотҳои пурсишҳои мунтазами сотсиологӣ муайян карда мешавад.
   26. Низом ва методикаи арзёбии нишондиҳандаҳои самаранокии сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ карда мешаванд.
  27. Мониторинги самаранокии сиёсати ҳуқуқии ҷиноятиро мақомоти дахлдоре, ки аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, амалӣ мекунад. Ин мақомот маърўзаи ҳамасоларо дар бораи татбиқи сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
  28. Рушди низоми арзёбии ҷамъиятӣ ва мониторинги сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблаѓгузорӣ карда мешавад.

 

6. Шартҳо ва заминаҳои тағйир  додани қонунгузории ҷиноятӣ

    29. Шарти самаранокии сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ устувории он мебошад, ки муайянии ҳуқуқӣ ва пешгўишавандагии қонунгузории ҷиноятӣ ва таҷрибаи татбиқи онро дар назар дорад. Мухолифат дар байни устувории арёбии давлатии рафтори ба ҷамъият хавфнок ва муносибатҳо ба муайян намудани чораҳои таъсиррасонии ҳуқуқии ҷиноятӣ ва талаботи мутобиқатии қонунгузории ҷиноятӣ ба шартҳои иҷтимоии ба таври серҳаракат таѓйирёбанда набояд ҷой дошта бошад. Риояи тавозуни байни устуворӣ ва ҷараёни инкишоф ҷанбаи муҳими сиёсати ҳуқуқии ҷиноятиро ташкил менамояд.
   30. Ба сифати заминаҳои таѓйир додани қонунгузории ҷиноятӣ баромад менамоянд: трансформатсияи ифодагардидаи сатҳ, сохт ва динамикаи ҷинояткорӣ; пайдошавӣ, таѓйирёбӣ ё аз байн рафтани таҳдидҳои бо рафтори одамон алоқаманди амнияти шахсият, ҷамъият ва давлат; арзёбии ҷамъиятӣ ва давлатии натиҷаҳои самаранокии сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ.

 

7. Мўҳлатҳои татбиқи Консепсия

    31. Консепсия дар ду марҳала амалӣ карда шавад.
а) Дар марҳалаи якум (солҳои 2014-2017) заминаҳои ташкилӣ, иттилоотӣ ва илмӣ-методӣ барои такмили қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷрибаи татбиқи онро фароҳам овардан зарур аст.
б) Дар марҳалаи дуюм (солҳои 2018-2020) самтҳои асосии такмили қонунгузории ҷиноятӣ давом дода шавад.
   32. Консепсияи сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати сиёсӣ-ҳуқуқӣ мебошад, ки ба мўҳлати муайян тасдиқ карда мешавад. Аз нав баррасӣ намудани Консепсия ба ноил шудан ба мақсадҳои сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё таѓйир додани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад.

 

8. Натиҷаҳои интизории татбиқи сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ

    33. Татбиқи Консепсия бояд:
   - ташкили консепсияи қонунгузории ҷиноятии ҳозиразамон, ҷавобгўи таҳдидҳои омилҳои криминогенӣ бо назардошти талаботи назария ва амалия, ки барои рушди минбаъдаи вай дар шароити модернизатсияи давлат ва ҷомеа асосҳоро ба вуҷуд меорад, ҳавасманд намояд;
   - ислоҳоти сифатноки нақшавии қонунгузории ҷиноятӣ, мутобиқгардонии онро ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, амният ва ҳуқуқи инсон кафолат диҳад;
   - мавҷудияти инфрасохторҳои ташкилӣ, иттилоотӣ, меъёрӣ ва илмӣ-методии сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин кунад.

 

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 2.3 (3 овоз)