ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1978 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АЛОҚАИ БАРҚӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1977 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1979 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ ЧЕНАКИ ЯГОНА Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.05.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

-A A +A
Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар Санаи интишор: Дшб, 25/01/2021 - 13:15
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
КОДЕКС
Рақам: 
340
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
05.01.2008
КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №1, қ.1, мод.4, мод.5; с. 2011, №12, мод.840; с. 2012, №7, мод.719; с. 2013, №3, мод.180; с. 2015, №11, мод.954; с. 2017, №5, қ.1, мод.277; с. 2018, №1, мод.7, №7-8, мод.523; с. 2019, №1, мод.7; с. 2020, №4-5, мод. 235)
(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 776, аз 03.07.2012 № 869, аз 19.03.2013 № 937, аз 23.11.2015 № 1233, аз 30.05.2017 № 1420, аз 2.01.2018 № 1475, аз 3.08.2018 № 1539, аз 2.01.2019 № 1560, аз 02.04.2020 № 1687, аз 17.12.2020 № 1731, аз 23.12.2021 № 1818, аз 18.03.2022 № 1857, аз 19.07.2022 № 1899, аз 24.12.2022 № 1931)
ФАСЛИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ АСОСӢ
Моддаи 1. Ба амал баровардани адолати судӣ аз ҷониби судҳои иқтисодӣ
Адолати судиро дар соҳаи соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо роҳи ҳал намудани баҳсҳои иқтисодӣ ва баррасии дигар парвандаҳо, ки бо Кодекси мазкур ва дигар қонунҳо ба салоҳияти онҳо дахл доранд, ба амал мебароранд (Қонуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776 аз 30.05.2017 № 1420).
Моддаи 2. Вазифаҳои мурофиаи судии иқтисодӣ
Вазифаҳои мурофиаи судии иқтисодӣ аз дуруст ва сари вақт баррасӣ ва ҳал намудани парвандаҳои иқтисодӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии вайронгардида ё мавриди баҳс қарордоштаи шахсони воқеӣ (соҳибкорони инфиродӣ) ва ҳуқуқӣ, инчунин ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони дигар, ки субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқии гражданӣ, соҳибкорӣ, тиҷоратӣ, замин, экологӣ ва муносибатҳои дигари ҳуқуқӣ мебошанд, иборат аст. Мурофиаи судии иқтисодӣ ба таҳкими адолат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, ташаккули муносибати эҳтиромона ба қонун ва суд бояд мусоидат намояд (Қонуни ҶТ аз 02.04.2020 № 1687).
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи судии иқтисодӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон", Кодекси мазкур, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ЧТ аз 30.05.2017 № 1420).
Моддаи 4. Ҳуқуқи муроҷиат ба суди иқтисодӣ
1. Шахси манфиатдор ҳуқуқ дорад ба суди иқтисодӣ барои ҳимояи ҳуқуқи вайронкардашуда ё мавриди баҳс қарорёфта ва манфиатҳои қонунии худ бо тартибе, ки Кодекси мазкур муқаррар кардааст, муроҷиат намоянд.
2. Дар мавридҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар қонунҳо ба суди иқтисодӣ дигар шахсон низ ҳуқуқи муроҷиат намуданро доранд. Даст кашидан аз ҳуқуқи муроҷиат намудан ба суд беэътибор аст (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
3. Муроҷиат ба суди иқтисодӣ дар шакли зайл амалӣ мегардад:
- аризаи даъвогӣ - оид ба баҳсҳои иқтисодӣ ва дигар парвандаҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқии гражданӣ ба миён меоянд;
- ариза - оид ба парвандаҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи маъмурӣ ва муносибатҳои дигари оммавӣ ба миён меоянд, оид ба парвандаҳои муфлисшавӣ, оид ба парвандаҳои истеҳсолоти махсус, ва дар дигар ҳолатҳои пешбиникардаи Кодекси мазкур (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869);
- шикоят - муроҷиат дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс (Қонуни Ҷт аз 24.12.2022 № 1931);
- эътироз - ҳангоми муроҷиати Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба тариқи назоратӣ аз нав дида баромадани санадҳои судӣ.
4. Агар барои категорияи муайяни баҳсҳо бо қонун тартиби иддао ё дигар тартиби танзими пешазсудӣ муқаррар шуда бошад ё он бо шартнома пешбинӣ шуда бошад, баҳс барои ҳал намудан баъди риояи чунин тартиб ба суди иқтисодӣ дода мешавад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
5. Аризаи даъвогӣ (ариза), шикоят, эътироз ва ҳуҷҷатҳои дигар ба судҳои иқтисодӣ дар шакли хаттӣ ва (ё) электронӣ пешниҳод карда мешаванд. Ҳуҷҷатҳо дар шакли электронӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзои электронии рақамии тасдиқшуда дар сомонаи судҳои иқтисодӣ ҷойгир карда мешаванд (Қонуни Ҷт аз 24.12.2022 № 1931).
Моддаи 5. Мустақилияти судяҳои суди иқтисодӣ
1. Ҳангоми ба амал баровардани адолати судӣ судяҳои суди иқтисодӣ мустақил буда, танҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои амалкунанда итоат мекунанд (Қонуни ЧТ аз 30.05.2017 № 1420).
2. Ҳама гуна таъсиррасонӣ ба судяҳои суди иқтисодӣ, ба фаъолияти онҳо мудохила кардани мақомоти давлатӣ ва мақомоти дигар, ташкилотҳо, шахсони мансабдор ё шаҳрвандон манъ аст ва боиси ҷавобгарии дар қонун пешбинишуда мегардад.
3. Кафолати мустақилияти судяҳои суди иқтисодӣ тавассути Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳо муқаррар карда мешавад (Қонуни ЧТ аз 30.05.2017 № 1420).
Моддаи 6. Қонуният ҳангоми баррасии парвандаҳо дар суди иқтисодӣ
Қонуният ҳангоми баррасии парвандаҳо дар суди иқтисодӣ бо татбиқи дурусти қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳамчунин аз ҷониби ҳамаи судяҳои суди иқтисодӣ риоя намудани қоидаҳое, ки дар қонунгузории мурофиаи судӣ дар судҳои иқтисодӣ муқаррар шудаанд, таъмин мегардад.
Моддаи 7. Баробарии хама дар назди қонун ва суд
1. Адолати судӣ дар судҳои иқтисодӣ дар асоси баробарии ҳама дар назди қонун ва суд, қатъи назар аз миллат, ҷинс, нажод, забон, баромади иҷтимоӣ, вазъи молу мулкию мансабӣ, маҳалли истиқомат, муносибат ба дин, эътиқод, мансубият ба иттиҳодияҳои (ташкилотҳои) ҷамъиятӣ ва дигар ҳолатҳо, баробарии ҳамаи ташкилотҳо дар назди қонун ва суд, сарфи назар аз шакли ташкилӣ-ҳуқуқӣ, шакли моликият, тобеият, маҳалли ҷойгиршавӣ ва дигар ҳолатҳо ба амал бароварда мешавад.
2. Суди иқтисодӣ ҳимояи баробари судии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ҳамаи шахсони иштироккунандаи парвандаро таъмин менамояд.
Моддаи 8. Баробарҳуқуқии тарафҳо
1. Мурофиаи судӣ дар суди иқтисодӣ дар асоси баробарҳуқуқии тарафҳо сурат мегирад.
2. Тарафҳо аз ҳуқуқҳои баробар ба изҳори раддия ва дархост, пешниҳоди далелҳо, иштирок дар таҳқиқи онҳо, дар музокираҳои судӣ, ба суди иқтисодӣ пешниҳод намудани ваҷҳ ва баёноти худ, ба амал баровардани дигар ҳуқуқу айҳдадориҳои мурофиавии дар Кодекси мазкур пешбининамуда истифода мебаранд.
3. Суди иқтисодӣ бо амали худ ҳуқуқ надорад, ки яке аз тарафҳоро дар ҳолати имтиёзнок қарор диҳад, дар баробари ин ҳуқуқҳои яке аз тарафҳоро паст занад.
Моддаи 9. Мубоҳиса
1. Мурофиаи судӣ дар суди иқтисодӣ дар асоси мубоҳиса сурат мегирад.
2. Шахсони дар парванда иштироккунанда то муҳокимаи судӣ ҳуқуқи донистани далелҳои якдигарро доранд. Ба ҳар шахси дар парванда иштироккунанда кафолати ҳуқуқи пешниҳод кардани далелҳо ба суди иқтисодӣ ва ба тарафи дигари иштироккунандаи парванда додашуда, инчунин ҳуқуқи изҳори дархост, баён намудани ваҷҳ ва фикру мулоҳиза, додани баёнот оид ба ҳамаи масъалаҳои вобаста ба пешниҳоди далелҳо, ки дар рафти баррасии парванда ба миён меоянд, таъмин карда мешавад. Шахсони иштироккунандаи парванда таваккали ба вуқӯъ омадани оқибатҳои аз ҷониби онҳо содир кардан ё накардани амалиёти мурофиавиро ба ӯҳда доранд.
3. Суди иқтисодӣ мустақилият, холисият ва беғаразии худро нигоҳ дошта, ба мурофиа роҳбарӣ менамояд, ба шахсони иштироккунандаи парванда ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳояшонро фаҳмонда медиҳад, оқибати аз тарафи онҳо содир кардан ё накардани амали мурофиавиро таъкид менамояд, ба амалӣ гаштани ҳуқуқҳои онҳо мусоидат менамояд, барои хаматарафа ва пурра таҳқиқ кардани далелҳо, муқаррар кардани ҳолатҳои воқеӣ ва татбиқи дурусти қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳангоми баррасии парванда шароит фароҳам меорад.
Моддаи 10. Бевосита будани муҳокимаи судӣ
1. Суди иқтисодӣ ҳангоми муҳокимаи парванда вазифадор аст, ки ҳамаи далелҳоро оид ба парванда бевосита таҳқиқ намояд (Конуни ЧТ аз 26.12. 2011 № 776).
2. Суди иқтисодӣ далелҳоеро, ки дар маҷлиси судӣ мавриди таҳқиқ карор нагирифтаанд, ҳамчун асоси қабули санади судӣ дониста наметавонад.
Моддаи 11. Ошкоро будани муҳокимаи судӣ
1. Муҳокимаи парвандаҳо дар судҳои иқтисодӣ ошкоро аст (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
2. Муҳокимаи парванда дар маҷлиси пӯшидаи судӣ дар ҳолатҳое, ки агар муҳокимаи ошкорои парванда ба фош гардидани сирри давлатӣ оварда расонад, дар дигар ҳолатҳои бо қонун пешбинишуда, ҳамчунин ҳангоми қонеъ гардонидани дархости шахси иштироккунандаи парванда, ки ба зарурати нигоҳдории маълумоти дорои сирри хизматӣ, тиҷоратӣ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда ҳавола кунад, раво мебошад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776, аз 02.04.2020 № 1687).
3. Дар бораи дар маҷлиси пӯшида муҳокима намудани парванда таъинот бароварда мешавад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
4.Ҳангоми муҳокимаи парванда дар маҷлиси пӯшидаи судӣ шахсони иштироккунандаи парванда, намояндаи онҳо ва ҳангоми зарурат бо қарори дахлдори суд инчунин шоҳидон, тарҷумонҳо, коршиносони судӣ ва мутахассисон иштирок мекунанд (қонуни ҶТ аз 02.04.2020 № 1687).
5. Муҳокимаи парванда дар маҷлиси пӯшидаи судӣ бо риояи қоидаҳои мурофиаи судӣ дар судҳои иқтисодӣ амалӣ карда мешавад. Дар маҷлиси пӯшидаи судӣ истифодаи воситаҳои сабти аудио ва видео иҷозат дода намешавад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776, 02.04.2020 № 1687, аз 24.12.2022 № 1931).
6. Санадҳои судиро суди иқтисодӣ ошкоро эълон мекунад (Қонуни ҶТ аз 02.04.2020 № 1687).
7. Шахсони иштироккунандаи маҷлиси ошкорои судӣ ҳуқуқ доранд аз ҷараёни муҳокимаи судӣ қайдҳо сабт намоянд. Наворбардории кино, аксбардорӣ, сабти видео ва пахши маҷлиси судии суди иқтисодӣ тавассути телевизион ва шабакаи интернет бо иҷозати судя - раисикунандаи маҷлиси судӣ мумкин аст (Қонуни Ҷт аз 24.12.2022 № 1931).
Моддаи 12. Забони мурофиаи судӣ
1. Мурофиаи судӣ дар суди иқтисодӣ ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё забони аксарияти аҳолии маҳал сурат мегирад.
2. Ба шахсони дар парванда иштироккунанда, ки забони давлатиро намедонанд, ҳуқуқи ба воситаи тарҷумон бо маводи парванда пурра шинос шудан, иштирок кардан дар амалҳои судӣ ва ҳуқуқи дар суд бо забони модариашон баромад кардан таъмин карда мешавад.
3. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки далелҳои хаттӣ ва дигар далелҳоро пешниҳод менамоянд, вазифадоранд тарҷумаи онҳоро ба забони мурофиаи судӣ бо шаҳодати дуруст буданашон бо тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ таъмин намоянд.
Моддаи 13. Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ҳангоми баррасии парванда татбиқ мешаванд
1. Судҳои иқтисодӣ парвандаҳоро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, баррасӣ менамояд (Қонуни ЧТ аз 30.05.2017 № 1420).
Судҳои иқтисодӣ дар ҳолатҳои пешбиникардаи қонун одатҳои муомилоти кориро татбиқ менамоянд.
2. Суди иқтисодӣ ҳангоми баррасии парванда номутобиқатии санади мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро ба қонунгузорӣ ё ин ки бо суиистифода аз салоҳият нашр шудани онро муқаррар намуда, тибқи Конститутсия (Сарқонун) ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул мекунад.
3. Агар дар мавриди баррасии парвандаи мушаххас суди иқтисодӣ ба хулоса ояд, ки қонуни татбиқшуда ё ин ки нисбати парвандаи баррасишаванда татбиқшаванда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ нест, суди иқтисодӣ ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи конститутсионӣ будани ин қонун бо дархост муроҷиат мекунад (Қонуни ЧТ аз 30.05.2017 № 1420).
4. Суди иқтисодӣ мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қонун ва созиши тарафҳо, ки тибқи онҳо баста шудааст, меъёрҳои ҳуқуқи хориҷиро татбиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1539).
5. Дар ҳолатҳое, ки муносибатҳои баҳсталаб бо қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ё ин ки бо созишаи тарафҳо ба танзим дароварда нашуда бошад ва одатҳои муомилоти кории нисбати ин муносибатҳо татбиқшаванда мавҷуд набошанд, агар ин ба моҳияти онҳо зид набошад, судҳои иқтисодӣ меъёрҳои ҳуқуқиеро татбиқ мекунанд, ки муносибатҳои монандро ба танзим медароранд (қиёси қонун), вале дар мавриди набудани чунин меъёрҳо парвандаҳо аз рӯи асосҳои умумӣ ва мазмуни қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (қиёси ҳуқуқ) баррасӣ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1539).
Моддаи 14. Татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи хориҷӣ
1. Суди иқтисодӣ ҳангоми татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи хориҷӣ мазмуни ин меъёрҳоро мувофиқи тафсири расмиашон, амалияи татбиқашон ва доктринаи онҳо дар давлати дахлдори хориҷӣ муқаррар менамояд.
2. Ба мақсади муқаррар намудани мазмуни меъёрҳои ҳуқуқи хориҷӣ суди иқтисодӣ метавонад бо тартиби муқарраршуда барои мусоидат ва тавзеҳот ба мақомот ва ташкилотҳои босалоҳияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷа муроҷиат намояд ё экспертҳо (мутахассисон) - ро ҷалб намояд.
3. Шахсони иштироккунандаи парванда метавонанд ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мазмуни меъёрҳои ҳуқуқи хориҷиро пешниҳод намоянд, ки ба онҳо ҳамчун асоснокии талабот ё норозигӣ такя мекунанд ва бо дигар усул ба суд дар муқаррар кардани мазмуни ин меъёрҳо мусоидат намоянд.
4. Оид ба талаботи вобаста ба фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодии тарафҳо, ӯҳдадории исбот намудани мазмуни меъёрҳои ҳуқуқи хориҷиро суд метавонад ба ӯҳдаи тарафҳо гузорад.
Моддаи 15. Санадҳои судии суди иқтисодӣ
1. Суди иқтисодӣ санадҳои судиро дар шакли фармон, ҳалнома, қарор ва таъинот қабул менамояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1560).
2. Санади судие, ки суди марҳилаи якум дар асоси ариза оид ба рӯёнидани маблағи пулӣ ё талаб карда гирифтани молу мулки манқул аз қарздор мутобиқи талаботи пешбининамудаи моддаи 1232 Кодекси мазкур қабул намудааст, фармон номида мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1560).
3. Санади судие, ки судҳои иқтисодии марҳилаи якум ҳангоми моҳиятан баррасӣ кардани парванда қабул намудаанд, ҳалнома номида мешавад.
4. Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи кассатсионӣ аз натиҷаи баррасии шикояти кассатсионӣ, ҳамчунин аз натиҷаи ба тариқи назоратӣ аз нав баррасӣ намудани парванда қарор қабул менамояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869).
5. Ҳамаи дигар санадҳои судии суди иқтисодӣ, ки дар ҷараёни мурофиаи судӣ қабул мегарданд, таъинот номида мешаванд.
6. Фармон, ҳалнома, қарор ва таъиноте, ки аз тарафи суди иқтисодӣ қабул карда мешаванд, бояд қонунӣ, асоснок ва далелнок бошанд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776, аз 2.01.2019 № 1560).
7. Санадҳои судӣ дар шакли хаттӣ қабул карда мешаванд. Санадҳои судӣ, ба истиснои санадҳои судҳои иқтисодие, ки дорои маълумоти сирри давлатӣ ё дигар сирри бо қонун ҳифзшаванда мебошанд ва (ё) парванда дар мурофиаи пӯшидаи судӣ баррасӣ гардида бошад, метавонанд дар шакли электронӣ тартиб дода шаванд, ки онҳо бо имзои электронии рақамии судя ё ҳайати суд тасдиқ карда мешаванд. Агар санади судӣ дар ҳайати дастаҷамъонаи суд қабул шуда бошад, он бо имзои электронии рақамии ҳамаи судяҳое, ки дар баррасии парванда иштирок доштанд, тасдиқ карда мешавад. Ҳангоми дар шакли электронӣ тартиб додани санади судӣ нусхаи он иловатан дар шакли коғазӣ чоп карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1931).
Моддаи 16. Ҳатмӣ будани санадҳои судӣ
1. Санадҳои судии эътибори қонунӣ пайдокардаи суди иқтисодӣ барои ҳамаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомот, ташкилот, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ҳатмӣ мебошад ва дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд иҷро карда шаванд (Қонуни ЧТ аз 30.05.2017 № 1420).
2. Талаботи суди иқтисодӣ дар бораи пешниҳоди далелҳо, маълумот ва дигар мавод, додани баёнот, тавзеҳот, хулоса ва дигар талаботи бо парвандаи баррасишаванда иртиботдошта низ ҳатмӣ мебошанд ва аз ҷониби мақомот, ташкилот ва шахсоне, ки ба онҳо равона шудаанд, бояд иҷро карда шаванд.
3. Иҷро накардани санадҳои судӣ, ҳамчунин иҷро накардани талаботи судҳои иқтисодӣ боиси ҷавобгарие мегардад, ки он дар Кодекси мазкур ва дигар қонунҳо муқаррар шудааст.
4. Эътироф намудан ва ҳатмӣ будани иҷрои санадҳои судии қабулкардаи судҳои хориҷӣ, ҳалномаҳои арбитражҳои (ҳакамӣ) хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, муайян мегарданд (Қонуни ЧТ аз 30.05.2017 № 1420).
БОБИ 2. ҲАЙАТИ СУДИ ИҚТИСОДӢ
Моддаи 17. Танҳо ва ба таври дастҷамъӣ баррасӣ кардани парвандаҳо
1. Парвандаҳо дар марҳилаи якуми суди иқтисодӣ, ба истиснои парвандаҳо оид ба муфлисшавӣ, аз ҷониби судя танҳо баррасӣ карда мешаванд. Судяе, ки парвандаро танҳо баррасӣ менамояд, аз номи суди иқтисодӣ амал мекунад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
2. Парвандаҳо дар бораи муфлисшавӣ дар марҳилаи якуми суди иқтисодӣ ба таври дастҷамъӣ дар ҳайати се судя баррасӣ мешаванд. Ҳангоми баррасии дастҷамъонаи парванда дар марҳилаи якум яке аз судяҳо дар маҷлиси суди раисӣ мекунад.
3. Парвандаҳо дар коллегияи судии марҳилаҳои кассатсионӣ ва назоратии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати се судя дастҷамъона баррасӣ карда мешаванд. Парвандаҳо ба таври назоратӣ ҳангоми ҳузур доштани аз се ду ҳиссаи аъзои Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869).
4. Ҳамаи судяҳо ҳангоми баррасии парвандаҳо ҳуқуқи баробар доранд.
Моддаи 18. Ташкили ҳайати суд
1. Ҳайати суд барои баррасии парванда, аз ҷумла парвандаҳо оид ба муфлисшавӣ, тавассути истифодаи низоми автоматикунонидашудаи иттилоотӣ муайян карда мешавад. Ҳангоми ғайриимкон будани истифодаи низоми автоматикунонидашудаи иттилоотӣ дар суд, ҳайати суд аз тарафи раиси суди иқтисодии дахлдор муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1931).
2. Парвандае, ки баррасии он аз ҷониби судя ё ин ки ҳайати суд оғоз карда шудааст, бояд аз ҷониби ҳамин судя ё ин ки ҳайати суд баррасӣ гардад. Иваз кардани судя ё ин ки яке аз судяҳо дар ҳолатҳои зерин мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1931):
- агар аризаи худрадкунӣ ё рад намудани судя бо тартиби муқарраркардаи Кодекси мазкур пешниҳод ва қонеъ шуда бошад;
- бинобар муддати дурудароз набудани судя бо сабаби беморӣ, рухсатӣ, дар таҳсил будан;
- дар ҳолати бозхонд ва (ё) озод намудани судя бо асосҳои пешбининамудаи қонун (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1931).
3. Баъди иваз кардани судя баррасии парванда аз нав оғоз карда мешавад.
4. Анҷом додани амалҳои мурофиавӣ дар ҳолатҳои таъхирнопазир, аз ҷумла мавқуф гузоштани муҳокимаи судӣ аз ҷониби як судя ба ҷойи судяи дигар, иваз кардани судя ҳисобида намешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1931).
Моддаи 19. Тартиби ҳалли масъалаҳо дар ҳайати дастҷамъӣ аз ҷониби суди иқтисодӣ
1. Дар мавриде, ки суди иқтисодӣ парвандаро ба таври дастҷамъӣ баррасӣ менамояд, масъалаҳои ба миёномада аз ҷониби судяҳо бо аксарияти овозҳо ҳал карда мешаванд.
2. Ҳеҷ яке аз судяҳо ҳуқуқ надорад аз овоздиҳӣ худдорӣ намояд. Судяи дар маҷлис раисикунанда аз ҳама охир овоз медиҳад.
3. Судяе, ки бо фикри аксарият розӣ нест, бояд ба санади судӣ имзо гузорад ва ҳуқуқ дорад ақидаи махсуси худро дар шакли хаттӣ баён кунад, ки он ба парванда замима мегардад, вале эълон карда намешавад.
БОБИ 3. РАД НАМУДАН
Моддаи 20. Рад намудани судя
1. Судя дар ҳолатҳои зайл дар баррасии парванда иштирок карда наметавонад ва бояд рад карда шавад, агар вай:
- ҳангоми баррасии қаблии ҳамин парванда ба сифати судя иштирок карда бошад, ба шарте ки иштироки такрорӣ дар баррасии парванда тибқи талаботи Кодекси мазкур имконнопазир бошад;
- ҳангоми баррасии қаблии ҳамин парванда ба сифати прокурор, котиби маҷлиси судӣ, намоянда, эксперт, тарҷумон ё шоҳид иштирок карда бошад;
- ба шахси иштирокунандаи парванда ё намояндаи ӯ хеш бошад;
- шахсан, бевосита ё бавосита ба натиҷаи ҳалли парванда манфиатдор бошад ё дигар ҳолатҳое мавҷуд бошанд, ки беғаразии ӯро таҳти шубҳа мегузоранд;
- бо шахси иштирокунандаи парванда ё намояндаи ӯ дар айни замон ё қабл аз ин дар вобастагии хизматӣ ё вобастагии дигар буд ва мебошад;
- ба таври оммавӣ изҳорот дода ё доир ба моҳияти парвандае, ки баррасӣ мекунад, баҳо дода бошад.
2. Ба ҳайати суди иқтисодие, ки парвандаро баррасӣ менамояд, шахсоне, ки байни худ муносибатҳои хешӣ доранд, наметавонанд дохил шаванд.
Моддаи 21. Нораво будани иштироки такрории судя дар баррасии парванда
1. Судяе, ки дар суди иқтисодии марҳилаи якум дар баррасии парванда иштирок кардааст, наметавонад ҳангоми баррасии ҳамин парванда дар судҳои марҳилаи кассатсионӣ, ҳамчунин ба таври назоратӣ иштирок намояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869).
2. Судяе, ки дар суди иқтисодии марҳилаи кассатсионӣ дар баррасии парванда иштирок кардааст, наметавонад ҳангоми баррасии ҳамин парванда дар судҳои марҳилаи якум ва ба таври назоратӣ иштирок намояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869).
3. Судяе, ки дар баррасии парванда дар суди иқтисодии марҳилаи назоратӣ иштирок кардааст, наметавонад ҳангоми баррасии ҳамин парванда дар судҳои марҳилаҳои якум ва кассатсионӣ иштирок намояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869, аз 24.12.2022 № 1931).
Моддаи 22. Рад намудани котиби маҷлиси судӣ, эксперт, тарҷумон
1. Котиби маҷлиси судӣ, эксперт, тарҷумон аз рӯи асосҳое, ки дар моддаи 20 Кодекси мазкур зикр гардидаанд, наметавонанд дар баррасии парванда иштирок кунанд ва бояд рад карда шаванд.
2. Ҳамчунин аз тарафи эксперт гузаронидани тафтиш ё санҷише, ки маводҳои он боиси муроҷиат ба суди иқтисодӣ шудаанд ё дар баррасии парванда истифода бурда мешаванд, барои рад кардани эксперт асос мебошад.
3. Иштироки котиби маҷлиси судӣ, эксперт, тарҷумон хангоми баррасии қаблии ҳамин парванда мувофиқан ба сифати котиби маҷлиси судӣ, эксперт, тарҷумон барои рад кардани онҳо асос шуда наметавонад.
Моддаи 23. Ариза оид ба худрадкунӣ ва рад намудан
1. Ҳангоми мавҷудияти асосҳои дар моддаҳои 20-22 Кодекси мазкур пешбинишуда судя, котиби маҷлиси судӣ, эксперт, тарҷумон ӯҳдадоранд оид ба худрадкунӣ арз намоянд. Бо ҳамин асосҳо радкуниро шахсоне, ки дар парванда иштирок мекунанд, изҳор карда метавонанд. Радкунии котиби маҷлиси судӣ, эксперт, тарҷумон ҳамчунин бо ташаббуси судя (суд) метавонад баррасӣ гардад.
2. Худрадкунӣ ё рад намудан бояд асоснок бошад ва то оғози моҳиятан баррасӣ кардани парванда арз шавад.
3. Дар ҷараёни баррасии парванда ариза оид ба худрадкунӣ ё рад намудан танҳо дар мавриде имконпазир аст, ки агар асосҳои худрадкунӣ ё рад намудан ба шахсе, ки онро арз намудааст, баъди оғози моҳиятан баррасӣ намудани парванда маълум шуда бошанд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
Моддаи 24. Тартиби ҳалли радкунии изҳоршуда
1. Суди иқтисодӣ дар сурати пешниҳоди аризаи радкунӣ бояд фикри шахсони иштирокчии парванда, инчунин шахсеро, ки нисбат ба ӯ аризаи радкунӣ пешниҳод шудааст, шунавад, ба шарте, ки ӯ хоҳиши додани баёнотро дошта бошад.
2. Масъалаи радкунии судяе, ки парвандаро танҳо баррасӣ мекунад, аз тарафи раиси суди иқтисодии дахлдор ё муовини вай ҳал карда мешавад.
3. Масъалаи радкунии судя ҳангоми баррасии парванда бо тарзи дастҷамъӣ аз тарафи ҳамин ҳайати суд дар ғоибии судяи радшаванда бо аксарияти овозҳо ҳал карда мешавад. Ҳангоми баробарии овози судяҳое, ки барои рад намудан ё зидди рад намудан овоз додаанд, судя радшуда ба ҳисоб меравад.
4. Масъалаи радкунии якчанд судя ё тамоми ҳайати суд, ки парвандаро баррасӣ менамояд, аз ҷониби раиси суди иқтисодии дахлдор ё муовини ӯ ҳал карда мешавад.
5. Масъалаи рад намудани котиби маҷлиси судӣ, эксперт, тарҷумон аз ҷониби суди иқтисодие, ки парвандаро баррасӣ менамояд, ҳал карда мешавад.
6. Аз рӯи натиҷаи баррасии масъала дар бораи худрадкунӣ ё радкунӣ таъинот бароварда мешавад.
Моддаи 25. Оқибатҳои қонеъ гардондани ариза оид ба рад намудан
1. Судяе, ки изҳори худрадкунӣ кардааст, ҳамчунин судяе, ки нисбати ӯ ариза оид ба рад намудан қонеъ карда шудааст, бо дигар судя иваз карда мешавад.
2. Дар сурати қонеъ намудани худрадкунӣ ё ариза оид ба рад намудани судя, ё якчанд судяҳо ё тамоми ҳайати суд парванда дар ҳамон суди иқтисодӣ, лекин аз ҷониби дигар судя ё дар ҳайати дигари судяҳо баррасӣ мегардад.
3. Агар дар натиҷаи қонеъгардонии худрадкунӣ ё рад намудан ташкил додани ҳайати нави суд барои баррасии парвандаи мазкур дар худи ҳамон суди иқтисодӣ имконнопазир бошад, парванда ба дигар суди иқтисодии ҳамон сатҳ бо тартиби муқарраргардидаи моддаи 38 Кодекси мазкур супорида мешавад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
БОБИ 4. САЛОҲИЯТИ СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ
1. Тобеияти идоравӣ
Моддаи 26. Тобеияти идоравии парвандаҳо ба суди иқтисодӣ
1. Ба судҳои иқтисодӣ парвандаҳо оид ба баҳсҳои иқтисодӣ ва дигар парвандаҳое, ки бо амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ алоқаманданд, тобеияти идоравӣ доранд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
2. Судҳои иқтисодӣ парвандаҳоро оид ба баҳсҳои иқтисодӣ ва дигар парвандаҳоро бо иштироки шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, инчунин дар ҳолатҳои пешбиникардаи Кодекси мазкур ва дигар қонунҳо, бо иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомот, шахсони мансабдор, воҳидҳое, ки мақоми шахси ҳуқуқиро надоранд ва шаҳрвандоне, ки мақоми соҳибкори инфиродиро доро нестанд (минбаъд - ташкилотҳо ва шаҳрвандон) баррасӣ ва ҳал менамояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869).
4. Аризаи бо риояи қоидаҳои тобеияти идоравӣ ба истёҳсолоти худ қабулкардаи суди иқтисодӣ бояд аз ҷониби он моҳиятан баррасӣ гардад, новобаста ба он ки дар оянда барои иштирок дар парванда шаҳрванди мақоми соҳибкори инфиродинадошта ба сифати шахси сеюм бе талаботи мустақил ба предмети баҳс ҷалб карда шавад.
5. Судҳои иқтисодӣ парвандаҳои ба онҳо тобеияти идоравидоштаро бо иштироки ташкилот, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ташкилотҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд, ки бо фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, ташкилотҳои дорои сармояи хориҷӣ, агар бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, қоидаи дигар пешбинӣ нашуда бошад, баррасӣ мекунанд.
Моддаи 27. Тобеияти идоравии баҳсҳои иқтисодӣ ва дигар парвандаҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқии гражданӣ бармеоянд
(Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776)
Судҳои иқтисодӣ баҳсҳои иқтисодӣ ва дигар парвандаҳоеро, ки аз муносибатҳои ҳуқуқии гражданӣ бармеоянд ва бо амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар қонунҳо инчунин дигар ташкилоту шаҳрвандон алоқамандро бо тартиби истеҳсолоти даъвогӣ баррасӣ менамоянд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
Моддаи 28. Тобеияти идоравии баҳсҳои иқтисодӣ ва дигар парвандаҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи маъмурӣ ва дигари оммавӣ бармеоянд
Судҳои иқтисодӣ баҳсҳои иқтисодиеро, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи маъмурӣ ва дигари оммавӣ бармеоянд, инчунин дигар парвандаҳои ташкилотҳо ва шаҳрвандонро, ки бо фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар парвандаҳои фаъолияти иқтисодӣ алоқаманданд, бо тартиби истеҳсолоти судии маъмурӣ баррасӣ менамоянд:
- дар бораи баҳсталаб будани санадҳои ҳуқуқии ғайримеъёрии мақомоти давлатӣ, қарорҳо ва амали (беамалии) мақомоти давлатӣ, дигар мақомот ва шахсони мансабдор, инчунин иҷрочии мақомоти иҷро, ки ба ҳуқук ва манфиатҳои қонунии аризадиҳанда дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ дахлдор аст (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1539, аз 02.04.2020 № 1687);
- дар бораи аз шаҳрвандон ва ташкилотҳое, ки бо фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ машғуланд, рӯёндани пардохтҳои ҳатмӣ, муҷозот, ба шарте, ки бо қонун тартиби дигари рӯёндани онҳо пешбинӣ нашуда бошад;
- дар бораи аз буҷет баргардонидани маблағе, ки мақомоти назоратӣ бо вайрон кардани тартиби қонун ё дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ бебаҳс (беаксепт) аз ҳисоб баровардааст;
- дигар парвандаҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи маъмурӣ ва дигари оммавӣ бармеоянд, агар бо қонун баррасии онҳо ба салоҳияти суди иқтисодӣ дахл дошта бошад.
Моддаи 29. Тобеияти идоравии парвандаҳо дар бораи муқаррар кардани фактҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ
Судҳои иқтисодӣ парвандаҳоро дар бораи муқаррар кардани фактҳои дорои аҳамияти ҳуқуқие, ки барои бавуҷудоӣ, тағйирёбӣ ва қатъ гардидани ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва ташкилотҳо дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ дорои аҳамияти ҳуқуқӣ мебошанд, бо тартиби истеҳсолоти махсус баррасӣ менамоянд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
Моддаи 30. Тобеияти идоравии парвандаҳо дар бораи мавриди баҳс қарор додани ҳалномаи суди ҳакамӣ ва дар бораи додани варақаҳои иҷро барои иҷрои маҷбурии ҳалномаи суди ҳакамӣ
(Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776)
Судҳои иқтисодӣ тибқи боби 27 Кодекси мазкур парвандаҳои зеринро баррасӣ мекунанд:
- дар бораи мавриди баҳс қарор додани ҳалномаи суди ҳакамӣ вобаста ба баҳсҳое, ки дар рафти фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ ба вуҷуд меоянд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 №№ 776);
- дар бораи додани варақаҳои иҷро барои иҷрои маҷбурии ҳалномаи суди ҳакамӣ вобаста ба баҳсҳое, ки дар рафти амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ ба вуҷуд меоянд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
Моддаи 31. Ба судҳои иқтисодӣ тобеияти идоравӣ доштани парвандаҳо дар бораи эътироф кардан ва ба иҷро расонидани ҳалномаҳои судҳои хориҷӣ ва арбитражи хориҷӣ (арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ ва судҳои ҳакамӣ)
(Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776)
Судҳои иқтисодӣ тибқи боби 28 Кодекси мазкур парвандаҳоро дар бораи эътироф кардан ва ба иҷро расонидани ҳалномаҳои судҳои хориҷӣ ва арбитражи хориҷӣ (арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ ва судҳои ҳакамӣ) вобаста ба баҳсҳое, ки ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ ба вуҷуд меоянд, баррасӣ менамоянд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
Моддаи 32. Тобеияти махсуси идоравии парвандаҳо ба судҳои иқтисодӣ
1. Судҳои иқтисодӣ парвандаҳои зеринро баррасӣ менамоянд:
- дар бораи муфлисшавӣ;
- оид ба баҳсҳои таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии ташкилотҳои тиҷоратӣ, инчунин кооператсияи матлубот ё фондҳои ҷамъиятӣ;
- оид ба баҳсҳои ба қайди давлатӣ нагирифтан, аз бақайдгирии давлатӣ саркашӣ кардани соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ;
- дар бораи баҳсҳои байни саҳмиядор ва ҷамъияти саҳомӣ, иштирокчиёни дигар ширкат ва ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ, ки аз фаъолияти ширкат ва ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ бармеоянд;
- дар хусуси ҳимояи шаъну шараф ва одоби касбӣ дар соҳаи соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ;
- дигар парвандаҳое, ки дар рафти фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ дар мавриди пешбиникардаи қонун ба вуҷуд меоянд.
2. Парвандаҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда аз ҷониби суди иқтисодӣ новобаста ба иштирокчӣ будан ё набудани шахси ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ ё дигар шаҳрвандон ва ташкилот дар муносибатҳои ҳуқуқие, ки аз онҳо баҳс ё талабот ба вуҷуд омадааст, баррасӣ мегарданд.
, 2.Тобеияти судӣ
Моддаи 33. Тобеияти судии парвандаҳо ба судҳои иқтисодӣ
1. Парвандаҳое, ки ба судҳои иқтисодӣ тобеияти идоравӣ доранд, дар суди марҳилаи якум аз ҷониби судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, ба истиснои парвандаҳое, ки ба тобеияти судии Суди Олии иктисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ доранд, баррасӣ мегарданд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1539).
2. Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати суди марҳилаи якум парвандаҳои зеринро баррасӣ менамояд:
- оид ба мавриди баҳс қарор додани санадҳои ҳуқуқии ғайримеъёрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба қонун мутобиқат надоранд ва ба ҳуқуқу манфиатҳои аризадиҳанда дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ дахл доранд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776);
- баҳсҳои байни ташкилотҳои воқеи ҳудуди ноҳияҳо ва шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ ва даъвоҳоеро, ки нисбати онҳо изҳор карда шудаанд (Қонуни ЧТ аз 30.05.2017 № 1420);
- дар сурати ду маротиба бекор карда шудани ҳалномаҳои судӣ вобаста ба парвандаи мушаххас, ин парвандаро ба истеҳсолоти худ қабул намуда, ба сифати суди марҳилаи якум баррасӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869);
- дигар парвандаҳоеро, ки бо қонун пешбинӣ шудаанд.
Моддаи 34. Пешниҳоди аризаи даъвогӣ аз рӯи маҳалли ҷойгиршавӣ ё маҳалли зисти ҷавобгар
(Конуни ЧТ аз 26.12.2011№ 776)
Аризаи даъвогӣ ба суди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи маҳалли ҷойгиршавӣ ё маҳалли зисти ҷавобгар пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 35. Тобеияти судӣ аз рӯи интихоби даъвогар
1. Даъво нисбати ҷавобгар, ки маҳалли ҷойгиршавӣ ё маҳалли зисти вай маълум нест, ба суди иқтисодӣ аз рӯи маҳалли воқеъ гардидани молу мулки вай ё аз рӯи маҳалли охирини ҷойгиршавӣ ё маҳалли зисти вай дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонад.
2. Даъво нисбати ҷавобгароне, ки маҳалли ҷойгиршавӣ ё зисташон дар ҳудуди гуногуни маъмурию ҳудудии ҷумҳурӣ мебошад, ба суди иқтисодӣ аз рӯи маҳалли ҷойгиршавӣ ё маҳалли зисти яке аз ҷавобгарон пешниҳод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1420, аз 2.01.2018 № 1475).
3. Даъво нисбати ҷавобгар, ки маҳалли ҷойгиршавӣ ё маҳалли зисти он дар ҳудуди давлати дигар ҷой дорад, ба суди иқтисодӣ аз рӯи дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ будани молу мулки вай пешниҳод шуда метавонад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776, аз 30.05.2017 № 1420).
4. Даъвое, ки аз шартнома бармеояд ва дар он маҳалли иҷро зикр ёфтааст, метавонад ба суди иқтисодӣ аз рӯи маҳалли иҷрои шартнома пешниҳод карда шавад.
5. Даъво нисбати шахси ҳуқуқӣ, ки аз фаъолияти филиал ва намояндагии он ки берун аз мавқеи ҷойгиршавии шахси ҳуқуқӣ бармеояд, ба суди иқтисодӣ аз рӯи маҳалли ҷойгиршавии шахси ҳуқуқӣ ё филиал, намояндагӣ пешниҳод карда мешавад.
6. Ҳангоми ба якчанд судҳои иқтисодӣ тобеияти судӣ доштани парванда ҳуқуқи интихоби суд ба даъвогар тааллуқ дорад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
Моддаи 36. Тобеияти судии шартномавӣ
Тобеияти судӣ, ки дар моддаҳои 34 ва 35 Кодекси мазкур муқаррар карда шудааст, метавонад бо созиши тарафҳо то қабули ариза ба истеҳсолоти суди иқтисодӣ тағйир дода шавад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776, аз 3.08.2018 № 1539).
Моддаи 37. Тобеияти истисноии судӣ
1. Даъвоҳо дар бораи ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқул ба суди иқтисодӣ аз рӯи маҳалли воқеъ гардидани ин молу мулк пешниҳод карда мешавад.
2. Даъвоҳо дар бораи ҳуқуқ ба ҳавопаймо, киштиҳои обҳои дохилӣ, объектҳои кайҳонӣ ба суди иқтисодӣ аз рӯи маҳалли бақайдгирии давлатии онҳо пешниҳод карда мешавад.
3. Даъво нисбати боркашонанда, ки аз шартномаи ҳамлу нақли бор, мусофирон ва бағоҷҳои онҳо бармеояд, аз ҷумла вақте ки боркашон яке аз ҷавобгарон мебошад, ба суди иқтисодӣ аз рӯи маҳалли ҷойгиршавии боркашон пешниҳод карда мешавад.
4. Ариза дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор ба суди иқтисодии маҳалли ҷойгиршавии қарздор пешниҳод карда мешавад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
5. Ариза дар бораи муқаррар намудани фактҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ ба суди иқтисодӣ аз рӯи маҳалли ҷойгиршавӣ ё маҳалли зисти аризадиҳанда пешниҳод карда мешавад, ба истиснои ариза дар бораи муқаррар кардани фактҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ, ки барои ба вуҷуд омадан, тағйир ёфтан ё қатъ гаштани ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқул аҳамият доранд, ба суд аз рӯи маҳалли воқеъ гардидани молу мулки ғайриманқул пешниҳод карда мешавад.
6. Даъвои муқобили даъво новобаста ба тобеияти судиаш ба суди иқтисодие, ки даъвои якуминро баррасӣ менамояд, пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 38. Супоридани парванда аз як суди иқтисодӣ ба дигар суди иқтисодӣ
1. Парвандае, ки суди иқтисодӣ бо риояи қоидаҳои тобеияти судӣ барои баррасӣ қабул кардааст, бояд аз ҷониби ҳамин суд моҳиятан баррасӣ карда шавад, ҳарчанд минбаъд он метавонад таҳти тобеияти судии суди дигари иқтисодӣ карор гирад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
2. Суди иқтисодӣ парвандаро дар ҳолатҳои зайл барои баррасӣ ба суди иқтисодии дигари ҳамон сатҳ месупорад, агар:
- ҷавобгаре, ки маҳалли ҷойгиршавӣ ё маҳалли зисти вай қаблан маълум набуд, дар хусуси супоридани парванда ба суди иқтисодии маҳалли ҷойгиршавӣ ё маҳалли зисти он дархост пешниҳод кунад;
- ҳарду тараф ҷиҳати баррасии парванда дар маҳалли мавҷудияти аксарияти далелҳо дархост пешниҳод карда бошанд;
- ҳангоми баррасии парванда дар суд ошкор гардад, ки он бо вайрон кардани қоидаҳои тобеияти судӣ ба истеҳсолоти суд қабул карда шудааст (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776);
- суди иқтисодии мазкур дар баҳс яке аз тарафҳо ба шумор равад;
- баъди рад намудани як ё якчанд судяҳо ё бо сабабҳои дигар ташкил кардани ҳайати нави суд барои баррасии ҳамин парванда имконнопазир гардад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
3. Дар бораи ба дигар суди иқтисодӣ супоридани парванда таъинот бароварда мешавад. Парванда бо таъинот ба суди иқтисодии дахлдор дар мӯҳлати панҷ рӯзи баровардани таъинот фиристонида мешавад.
4. Парвандае, ки аз як суди иқтисодӣ ба дигар суди иқтисодӣ ирсол гардидааст, бояд барои баррасӣ аз ҷониби суде қабул карда шавад, ки парванда ба вай фиристода шудааст. Баҳсҳо оид ба тобеияти судӣ байни судҳои иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
БОБИ 5. ШАХСОНИ ИШТИРОККУНАНДАИ ПАРВАНДА ВА ДИГАР ИШТИРОККУНАНДАГОНИ МУРОФИАИ СУДИИ ИҚТИСОДӢ
Моддаи 39. Ҳайати шахсони иштироккунандаи парванда
Шахсони иштироккунандаи парванда инҳоянд:
- тарафҳо;
- аризадиҳандагон ва шахсони манфиатдор - оид ба парвандаҳои истеҳсолоти махсус, оид ба парвандаҳои муфлисшавӣ ва дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур;
- шахсони сеюм;
- мақомоти давлатӣ ва дигар мақомоте, ки ба суди иқтисодӣ дар ҳолатҳои пешбинишудаи Кодекси мазкур муроҷиат намудаанд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1899);
- прокурор Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1899).
Моддаи 40. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шахсони иштироккунандаи парванда
1. Шахсони иштироккунандаи парванда ҳуқуқ доранд бо маводи парванда шинос шаванд, аз он иқтибос гиранд, нусха бардоранд; изҳори рад намоянд; далелҳо пешниҳод кунанд ва то оғози муҳокимаи судӣ бо далелҳои пешниҳодкардаи шахсони дигар иштироккунандаи парванда шинос шаванд; дар таҳқиқи далелхо иштирок намоянд; ба дигар шахсони иштироккунандаи мурофиаи иқтисодӣ саволҳо диҳанд, дархост арз намоянд, арз кунанд, ба суди иқтисодӣ баёнот диҳанд, оид ба масъалаҳое, ки дар ҷараёни баррасии парванда ба миён омадаанд, ваҷҳҳои худро пешниҳод намоянд; бо дархостҳои арзнамудаи дигар шахсон шинос шаванд, муқобили дархост ва ваҷҳҳои дигар шахсони иштироккунандаи парванда норозигӣ баён кунанд; аз шикоятҳои дигар шахсони иштироккунандаи парванда, аз санадҳои судии доир ба парвандаи мазкур қабулгашта огоҳ бошанд ва санадҳои судиро бо тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур гиранд; нисбат ба санадҳои судӣ шикоят арз кунанд; аз дигар ҳуқуқҳои мурофиавии пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар қонунҳо истифода баранд. Шахсони иштироккунандаи парванда ҳуқуқ доранд ба суди иқтисодӣ ҳуҷҷатҳоеро, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзои электронии рақамӣ тасдиқ карда шудаанд, бо ҷойгир намудани онҳо дар сомонаи суди иқтисодӣ пешниҳод намоянд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776, аз 24.12.2022 № 1931).
2. Шахсони иштироккунандаи парванда аз ҳуқуқҳои мурофиавие, ки барояшон пешбинӣ шудааст, бояд бовиҷдонона истифода намоянд.
3. Суиистифода аз ҳуқуқҳои мурофиавӣ барои шахсони иштироккунандаи парванда боиси ҷавобгарии пешбининамудаи Кодекси мазкур мегардад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
4. Шахсони иштироккунандаи парванда ӯҳдадориҳои мурофиавии муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар қонунҳо ё ба ӯҳдаи онҳо аз ҷониби суди иқтисодӣ тибқи Кодекси мазкур гузоштаро ба зимма доранд.
5. Иҷро накардани ӯҳдадориҳои мурофиавӣ аз ҷониби шахсони иштироккунандаи парванда боиси ҷавобгарии пешбининамудаи Кодекси мазкур мегардад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
Моддаи 41. Ҳуқуқҳои шахсони дар парванда иштирокнакардае, ки дар бораи ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳо суди иқтисодӣ санади судӣ қабул кардааст
Шахсони дар парванда иштирокнакардае, ки дар бораи ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳо суди иқтисодӣ санади судӣ қабул кардааст, ҳуқуқ доранд аз болои ин санад шикоят намоянд, ҳамчунин ба тариқи назоратӣ онро аз рӯи қоидаҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур мавриди баҳс қарор диҳанд. Чунин шахсон аз ҳуқуқҳои мурофиавӣ истифода менамоянд ва ӯҳдадориҳои шахсони иштироккунандаи парвандаро ба зимма доранд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
Моддаи 42. Қобилияти ҳуқуқдории мурофиавӣ ва қобилияти амалкунии мурофиавӣ
1. Қобилияти ҳуқуқдории мурофиавӣ ва ба зимма гирифтани ӯҳдадориҳои мурофиавӣ (қобилияти ҳуқуқдории мурофиавӣ) нисбат ба ҳамаи шаҳрвандон ва ташкилотҳо, ки тибқи қонун дар суди иқтисодӣ ба ҳифзи судии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунӣ ҳуқуқ доранд, баробар эътироф мегардад.
2. Қобилияти бо амали худ анҷом додани ҳуқуқи мурофиавӣ ва иҷрои ӯҳдадориҳои мурофиавӣ (қобилияти амалкунии мурофиавӣ) дар суди иқтисодӣ ба шаҳрвандон ва ташкилотҳо тааллуқ дорад.
3. Ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони ғайриқобили амал дар мурофиаи суди иқтисодӣ аз ҷониби намояндагони қонунии онҳо - падару модар, фарзандхонандагон, васиён ва парасторон ҳимоя карда мешавад.
Моддаи 43. Тарафҳо
1. Тарафҳо дар мурофиаи суди иқтисодӣ даъвогар ва ҷавобгар ба ҳисоб мераванд.
2. Даъвогарон шаҳрвандон ва ташкилотҳое ба ҳисоб мераванд, ки барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои худ даъво пешниҳод кардаанд ё ба манфиатҳои онҳо даъво пешниҳод карда шудааст.
3. Ҷавобгарон шаҳрвандон ва ташкилотҳое ба ҳисоб мераванд, ки нисбати онҳо даъво пешниҳод карда шудааст.
4. Тарафҳо аз ҳуқуқҳои баробари мурофиавӣ истифода мебаранд.
Моддаи 44. Аризадиҳандагон
1. Аризадиҳандагон шаҳрвандон ва ташкилотҳое ба ҳисоб мераванд, ки ба суди иқтисодӣ дар ҳолатҳои пешбиникардаи Кодекси мазкур ва дигар ҳолатҳои муқарраркардаи қонун бо ариза муроҷиат намудаанд ва доир ба ин аризаҳо дар мурофиаи суди иқтисодӣ баромад мекунанд.
2. Аризадиҳандагон аз ҳуқуқҳои мурофиавӣ истифода мебаранд ва ӯҳдадориҳои мурофиавии тарафро ба зимма доранд, ба шарте, ки дар Кодекси мазкур тартиби дигар пешбини нашуда бошад.
Моддаи 45. Иштироки якчанд даъвогар ва ҷавобгар дар парванда
1. Даъво метавонад муштарак аз ҷониби якчанд даъвогар ё нисбати якчанд ҷавобгар пешниҳод карда шавад (шарикии мурофиавӣ). Ҳар як даъвогар ё ҷавобгар дар мурофиа мустақилона баромад мекунад. Шарикон метавонанд пешбурди парвандаро ба як ё якчанд аз шарикон супоранд.
2. Ҳангоми бидуни ҷавобгари дигар ғайриимкон будани баррасии парванда, суди иқтисодии марҳилаи якум бо дархости тарафҳо ё бо розигии даъвогар барои иштирок дар парванда ҷавобгари дигарро ҷалб менамояд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
3. Агар бо қонун иштироки ҳатмии ҷавобгари дигар пешбинӣ шуда бошад, ҳамчунин оид ба парвандаҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи маъмурӣ ва дигари оммавӣ бармеоянд, суди иктисодии марҳилаи якум бо ташаббуси худ ҷавобгари дигарро барои иштирок дар парванда ҷалб мекунад.
4. Пас аз ҷалб намудани ҷавобгари дигар барои иштирок дар парванда баррасии парванда аз нав оғоз карда мешавад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
Моддаи 46. Иваз намудани ҷавобгари номуносиб
1. Агар дар мавриди омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ ё дар ҷараёни муҳокимаи судӣ дар суди иқтисодии марҳилаи якум муқаррар гардад, ки даъво на ба шахсе пешниҳод шудааст, ки бояд мутобиқи даъво ҷавобгар бошад, суди иқтисодӣ аз рӯи дархост ё розигии даъвогар метавонад ҷавобгари номуносибро ба ҷавобгари муносиб иваз намояд.
2. Агар даъвогар барои ба шахси дигар иваз кардани ҷавобгар розӣ набошад, суди иқтисодӣ бо розигии даъвогар метавонад он шахсро ба сифати ҷавобгари дуюм ҷалб намояд.
3. Баъд аз иваз намудани ҷавобгари номуносиб ё ба парванда ҷалб кардани ҷавобгари дуюм баррасии парванда аз нав оғоз карда мешавад.
4. Дар бораи ҷавобгари номуносибро ба ҷавобгари муносиб иваз намудан ё ҷавобгари муносибро ба сифати ҷавобгари дуюм ҷалб намудан суди иқтисодӣ таъинот мебарорад.
5. Агар даъвогар барои ба шахси дигар иваз намудани ҷавобгар ё ҷавобгари муносибро ба сифати ҷавобгари дуюм ҷалб намудан розӣ набошад, суди иқтисодӣ парвандаро тибқи даъвои пешниҳодшуда баррасӣ менамоянд.
Моддаи 47. Ворисии ҳуқуқии мурофиавӣ
1. Ҳангоми хориҷ шудани яке аз тарафҳо аз муносибатҳои ҳуқуқии баҳснок ё муносибатҳои ҳукуқии бо санади суди иқтисодӣ муқарраршуда (азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ, гузашт кардани талабот, гузаронидани қарз, фавти шаҳрванд ва дигар ҳолатҳои тағйирёбии шахсон дар ӯҳдадорӣ) суди иқтисоди ҳамин тарафро бо вориси ҳуқуқии он иваз намуда, дар ин бора дар санади судӣ дарҷ мекунад. Ворисии ҳуқуқӣ дар ҳамаи марҳилаҳои мурофиаи судии иқтисодӣ мумкин аст.
2. Санади судӣ дар хусуси иваз намудани тараф бо вориси ҳуқуқӣ метавонад мавриди шикоят қарор гирад.
3. Барои вориси ҳуқуқӣ ҳамаи амалиёте, ки то ворид шудани вориси ҳуқуқӣ ба парванда дар мурофиаи судии иқтисодӣ анҷом дода шудаанд, ба ҳамон андозае ҳатмӣ мебошанд, ки онҳо барои шахси ивазнамудаи вориси ҳуқуқӣ ҳатмӣ буданд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
Моддаи 48. Тағйир додани асос ё предмети даъво, тағйир додани андозаи талаботи даьво, даст кашидан аз даъво, эътироф намудани даъво, созиши оштӣ
1. Даъвогар ҳуқуқ дорад ҳангоми баррасии парванда дар суди иқтисодии марҳилаи якум то қабули санади судӣ, ки бо он баррасии парванда моҳиятан анҷом меёбад, асос ё предмети даъворо тағйир диҳад, андозаи талаботи даъворо зиёд ё кам намояд.
2. Даъвогар ҳуқуқ дорад ҳангоми баррасии парванда дар суди иқтисодии марҳилаҳои гуногун то қабули санади судӣ, ки бо он баррасии парванда дар марҳилаҳои дахлдор анҷом меёбад, аз даъво пурра ё қисман даст кашад.
3. Ҳангоми баррасии парванда дар суди иқтисодӣ дар ҳама марҳилаҳои он ҷавобгар ҳуқуқ дорад даъворо пурра ё қисман эътироф кунад.
4. Тарафҳо бо тартиби муқарраркардаи боби 15 Кодекси мазкур метавонанд баррасии парвандаро бо созиши оштӣ анҷом диҳанд.
5. Суди иқтисодӣ даст кашидани даъвогарро аз даъво, кам кардани андозаи талаботи даъво, аз ҷониби ҷавобгар эътироф шудани даъворо қабул намекунад, созиши оштии тарафҳоро тасдиқ намекунад, агар он хилофи қонун бошад ё ҳуқуқи дигар шахсонро вайрон намояд. Дар ин мавридҳо суди иқтисодӣ парвандаро моҳиятан баррасӣ менамояд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776, аз 3.08.2018 № 1539).
6. Ҳангоми тағйирёбии асос ё предмети даъво, зиёд ё кам кардани андозаи талаботи даъво, гузаштани мӯҳлати баррасии парванда, ки Кодекси мазкур пешбинӣ намудааст, аз рӯзи иҷрои амали дахлдори мурофиавӣ оғоз мегардад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1539).
Моддаи 49. Шахсони сеюм, ки нисбат ба предмети баҳс талаботи мустақилона арз мекунанд
1. Шахсони сеюме, ки нисбат ба предмети баҳс талаботи мустақилона арз намудаанд, метавонанд то қабули қарор аз ҷониби суди иқтисодии марҳилаи якум ба парванда ҳамроҳ шаванд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
2. Шахсони сеюме, ки нисбат ба предмети баҳс талаботи мустақилона арз намудаанд, аз ҳуқуқҳои даъвогар истифода мебаранд ва ӯҳдадориҳои даъвогарро ба зимма доранд, ба истиснои ӯҳдадории риоя кардани тартиби иддао ё дигар тартиби пешазсудии ба танзимдарории баҳс, ба шарте, ки ин бо қонун барои ҳамин навъи баҳсҳо ё шартнома пешбинӣ шуда бошад.
3. Агар шахси сеюме, ки нисбат ба предмети баҳс талаботи мустақилона арз намуда, ба парванда баъди оғози муҳокимаи судӣ ҳамроҳ шавад, баррасии парванда дар суди иқтисодии марҳилаи якум аз сари нав оғоз карда мешавад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
4. Дар бораи ба парванда ҳамроҳ шудани шахси сеюм, ки нисбат ба предмети баҳс талаботи мустақилона арз менамояд, таъинот бароварда мешавад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
Моддаи 50. Шахсони сеюм, ки нисбат ба предмети баҳс талаботи мустақилона арз накардаанд
1. Шахсони сеюме, ки нисбат ба предмети баҳс талаботи мустақилона арз накардаанд, метавонанд ба парванда ба ҷонибдории даъвогар ё ҷавобгар то қабули санади судӣ, ки бо он баррасии парванда дар суди иқтисодии марҳилаи якум ба анҷом мерасад, ҳамроҳ шаванд, ба шарте, ки ҳамин санади судӣ ба ҳуқуқ ё ӯҳдадориҳои онҳо нисбати яке аз тарафҳо таъсир расонад. Онҳо бо дархости тараф ё бо ташаббуси суди иқтисодӣ метавонанд барои иштирок дар парванда ҳамроҳ карда шаванд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
2. Шахсони сеюме, ки нисбат ба предмети баҳс талаботи мустақилона арз накардаанд, аз ҳуқуқҳои мурофиавӣ истифода мебаранд ва дорои ӯҳдадории мурофиавии тараф мебошанд, ба истиснои ҳуқуқи тағйир додани асос ва предмети даъво, зиёд ё кам кардани андозаи талаботи даъво, даст кашидан аз даъво, эътирофи даъво ё бастани созиши оштӣ, пешниҳоди даъвои муқобили даъво ва талаботи иҷрои маҷбурии санади судӣ (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
3. Дар бораи ба парванда ҳамроҳ шудани шахси сеюме, ки нисбат ба предмети баҳс талаботи мустақилона арз накардааст ё ин ки дар бораи ҷалб намудани шахси сеюм барои иштирок дар парванда ё рад намудани он суди иқтисодӣ таъинот мебарорад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
4. Дар ҳолате, ки шахси сеюм нисбат ба предмети баҳс талаботи мустақилона арз накарда бошад ва барои иштирок дар парванда баъди оғози муқокимаи судӣ ҳамроҳ шуда бошад, он гоҳ баррасии парванда дар суди иқтисодии марҳилаи якум аз нав оғоз карда мешавад.
Моддаи 51. Иштироки прокурор дар парванда
1. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муовинони ӯ, прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва прокурори нақлиёти Тоҷикистон ҳуқуқ доранд ба суди иқтисодӣ дар ҳолатҳои зерин муроҷиат намоянд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776, аз 03.07.2012 № 869):
- бо ариза дар бораи баҳснок будани санадҳои ҳуқуқии ғайримеъёрии мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдор, ки ба ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва ташкилотҳо дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ таъсир мерасонанд;
- бо даъво дар бораи беэътибор эътироф намудани аҳдҳои бастаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо ва муассисаҳои давлатӣ, ҳамчунин шахсони ҳуқуқие, ки дар сармояи оинномавии (фонди) онҳо ҳиссаи иштироки давлат мавҷуд мебошад;
- бо даъво ба манфиати корхона ва муассисаҳои давлатӣ, ҳамчунин шахсони ҳуқуқие, ки дар сармояи оинномавии (фонди) онҳо ҳиссаи иштироки давлат мавҷуд мебошад;
- бо даъво дар бораи татбиқ кардани оқибатҳои беэътибории ақдҳои беэътиборе, ки мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо ва муассисаҳои давлатӣ, ҳамчунин шахсони ҳуқуқие бастаанд, ки дар сармояи оинномавии (фонди) онҳо ҳиссаи иштироки давлат мавҷуд мебошад.
2. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муовинони ӯ, прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, прокурорҳои вилоятҳо, прокурори шаҳри Душанбе ва прокурори нақлиёти Тоҷикистон муроҷиатро ба суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ба судҳои иқтисодии вилоятҳо, суди иқтисодии шаҳри Душанбе мефиристанд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869аз 19.07.2022 № 1899).
3. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муовинони ӯ муроҷиатро ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мефиристанд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1899).
4. Прокурори ба суди иқтисодӣ муроҷиаткарда аз ҳуқуқҳои мурофиавии худ истифода бурда, ӯҳдадориҳои мурофиавии даъвогарро ба зимма дорад, ба истиснои созиши оштӣ.
5. Аз даъвои пешниҳодкарда даст кашидани прокурор даъвогарро аз ҳуқуқи талаб намудани моҳиятан баррасӣ кардани парванда маҳрум намекунад, ба шарте, ки даъвогар дар парванда иштирок дошта бошад.
6. Иштироки прокурор дар баррасии парвандаҳо оид ба баҳсҳои вобаста ба замин ва манзил, новобаста аз пешниҳоди муроҷиат ба суд, ҳатмӣ мебошад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1899).
7. Нисбати парвандаҳои дар қисмҳои 1 ва 6 моддаи мазкур муқарраргардида прокурор ҳуқуқ дорад ба парвандаи баррасишавандаи суди иқтисодӣ дар ҳама марҳилаи мурофиаи суди иқтисодӣ бо ҳуқуқҳо ва ӯҳдадориҳои мурофиавии шахси иштироккунандаи парванда бо мақсади таъмини қонуният ҳамроҳ шавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1899).
8. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ӯ, прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони онҳо, сарфи назар аз иштирок дар мурофиаи судӣ, дар доираи ваколатҳои худ метавонанд парванда ё гурӯҳи парвандаҳоро, ки бо онҳо санадҳои судӣ эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, бо мақсади таҳлил ва ҷамъбасти фаъолият дар самти таъмини риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо аз суди иқтисодии дахлдор талаб карда гиранд. Дар сурати муқаррар намудани он, ки санади судӣ ғайриқонунӣ ё беасос аст, прокурор тадбирҳои дахлдорро бо тартиби муайяннамудаи Кодекси мазкур амалӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1899).
Моддаи 52. Иштироки мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомот дар парванда
1. Дар мавриди пешбиникардаи қонун мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомот ҳуқуқ доранд бо даъво ё ариза ба суди иқтисодӣ барои ҳимояи манфиатҳои оммавӣ муроҷиат намоянд.
2. Дар муроҷиат бояд сабаби вайроншавии манфиатҳои оммавӣ, ки асоси муроҷиат ба суди иқтисодӣ гаштааст, ифода ёбад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1899).
3. Мақомоти ҳокимияти давлатие, ки ба суди иқтисодӣ муроҷиат намудааст, аз ҳуқуқҳои мурофиавии даъвогар истифода мебарад ва ӯҳдадориҳои мурофиавии ӯро, ба истиснои созиши оштӣ, ба зимма дорад.
Аз даъвои пешниҳодкарда даст кашидани мақомот даъвогарро аз ҳуқуқи талаб намудани моҳиятан баррасӣ кардани парванда маҳрум намекунад, ба шарте, ки даъвогар дар парванда иштирок дошта бошад.
Моддаи 53. Иштироккунандагони дигари мурофиаи судии иқтисодӣ
Дар мурофиаи судии иқтисодӣ дар баробари шахсони иштироккунандаи парванда намояндагони онҳо ва шахсони ба адолати судӣ мусоидаткунанда - экспертҳо, шоҳидон, тарҷумонҳо ва котиби маҷлиси судӣ метавонанд иштирок кунанд.
Моддаи 54. Эксперт
1. Дар суди иқтисодӣ шахсе эксперт ба ҳисоб меравад, ки оид ба масъалаҳои баррасишавандаи парванда дониши махсус дорад ва аз ҷониби суд барои додани хулоса дар ҳолатҳо ва бо тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур таъин шудааст.
2. Шахсе, ки ба ӯ гузаронидани экспертиза супурда шудааст, ӯҳдадор аст бо талаби суди иқтисодӣ ба суд ҳозир шавад ва оид ба масъалаҳои ба миён гузошташуда хулосаи беғаразона диҳад.
3. Эксперт ҳуқуқ дорад бо иҷозати раисикунандаи парванда дар суди иқтисодӣ бо маводи парванда шинос шавад, дар маҷлисҳои судӣ иштирок кунад, ба шахсони иштироккунандаи парванда ва шоҳидон саволҳо диҳад, дар бораи ба ӯ дастрас шудани маводи иловагӣ дархост арз намояд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
4. Эксперт метавонад оид ба масъалаҳои берун аз дониши махсуси ӯ, ҳамчунин агар маводи ба вай пешниҳодшуда барои додани хулоса нокифоя бошад, аз додани хулоса даст кашад.
5. Барои саркашӣ кардан аз ҳозиршавӣ ё ин ки саркашӣ кардан аз иҷрои ӯҳдадориҳои худ, дидаю дониста додани хулосаи бардурӯғ эксперт мавриди ҷавобгарии ҷиноятӣ қарор мегирад, ки дар ин бора аз ҷониби суди иқтисодӣ огоҳ карда шуда, забонхат медиҳад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1475).
Моддаи 55. Шоҳид
1. Шоҳид шахсе мебошад, ки маълумотҳои воқеии ҳолатҳои барои баррасии парванда аҳамиятдоштаро медонад.
2. Шоҳид ӯҳдадор аст бо даъвати суди иқтисодӣ ба суд ҳозир шавад.
3. Шоҳид ӯҳдадор аст ба суди иқтисодӣ маълумотҳои ба моҳияти парвандаи баррасишаванда вобастаро, ки ба ӯ шахсан маълум аст, хабар диҳад ва ба саволҳои иловагии суди иқтисодӣ ва шахсони иштироккунандаи парванда ҷавоб диҳад.
4. Барои дидаю дониста додани нишондоди бардурӯғ, ҳамчунин барои саркашӣ кардан аз додани нишондод шоҳид ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад, ки дар ин бора аз ҷониби суди иқтисодӣ огоҳ карда шуда, забонхат медиҳад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
5. Ба сифати шоҳид судяҳо ва дигар шахсоне, ки дар амалӣ кардани адолати суди иштирок карда, ба онҳо дар бораи ҳолатҳои парванда вобаста ба иштирок дар баррасии парванда маълум гардидаанд, намояндагон оид ба парвандаҳои гражданӣ ва дигар парвандаҳо дар бораи ҳолатҳои ба онҳо маълумгардида, вобаста ба иҷрои ӯҳдадориҳои намояндагӣ, ҳамчунин шахсоне, ки вобаста ба ноқисии рӯҳӣ наметавонанд ҳолатҳои воқеиро саҳеҳ дарк намоянд ё дар хусуси онҳо нишондод диҳанд, пурсида намешаванд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
6. Ҳеҷ кас ӯҳдадор нест, ки ба муқобили худ, муқобили ҳамсар ва хешони наздикаш, ки доираи онҳоро қонун муайян менамояд, ҳамчун шоҳид нишондод диҳад.
7. Шоҳид ба ҷуброни хароҷоти даъват ба суди иқтисодӣ ва гирифтани ҷубронпулӣ барои сарфи вақт ҳуқуқ дорад.
Моддаи 56. Тарҷумон
1. Тарҷумон шахси ба таври озод донандаи забон мебошад, ки забондонии ӯ барои тарҷума дар ҷараёни амалӣ гардидани мурофиаи судии иқтисодӣ зарур аст ва аз ҷониби суди иқтисодӣ барои иштирок дар мурофиаи иқтисодӣ дар ҳолат ва тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур ҷалб карда шудааст (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
2. Шахсони иштироккунандаи парванда ҳуқуқ доранд ба суди иқтисодӣ номзадии тарҷумонро пешниҳод намоянд.
3. Иштироккунандагони мурофиаи суди иқтисодӣ ҳуқуқи ба зимма гирифтани ӯҳдадории тарҷумонро надоранд, гарчанде онҳо барои тарҷума кардан донандаи забонҳо мебошанд.
4. Дар бораи иштироки тарҷумон дар мурофиаи судии иқтисодӣ суди иқтисодӣ таъинот мебарорад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
5. Тарҷумон ӯҳдадор аст бо талаби суди иқтисодӣ ба суд ҳозир шавад ва пурра, дуруст ва саривақт тарҷума кунад.
6. Тарҷумон ҳуқуқ дорад ба шахсони ҳангоми тарҷума ҳузурдошта барои саҳеҳ намудани тарҷума саволҳо диҳад, бо протоколи маҷлиси судӣ ё амали алоҳидаи мурофиавӣ шинос шавад ва оид ба навишти дурусти тарҷума эрод пешниҳод намояд (Қонуни ЧТ аз 30.05.2017 № 1420).
7. Барои дидаю дониста нодуруст тарҷума кардан тарҷумон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад, ки дар ин бора аз ҷониби суди иқтисодӣ огоҳ карда шуда, забонхат медиҳад.
8. Қоидаҳои моддаи мазкур нисбати шахсе, ки дар тарҷумаи имову ишора (сурдотарҷума) таҷриба дорад ва аз ҷониби суди иқтисодӣ барои иштирок дар мурофиаи суди иқтисодӣ ҷалб карда шудааст, татбиқ мегардад.
Моддаи 57. Котиби маҷлиси судӣ
1. Котиби маҷлиси судӣ протоколи маҷлиси судиро тартиб медиҳад. Вай ӯҳдадор аст дар протокол ҳамаи амал ва қарорҳои суди иқтисодиро пурра ва дуруст инъикос кунад, дар баробари он ҳаракатҳои иштироккунандагони мурофиаи судии иқтисодиро, ки дар рафти маҷлиси судӣ ҷой доштанд, дарҷ намояд.
2. Бо супориши раисикунанда ба суд ҳозир шудани шахсонеро, ки дар мурофиаи судӣ бояд иштирок намоянд, котиби маҷлиси судӣ месанҷад.
БОБИ 6. НАМОЯНДАГӢ ДАР СУДИ ИҚТИСОДӢ
Моддаи 58. Пешбурди парванда ба воситаи намояндагон
1. Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд парвандаҳои худро дар суди иқтисодӣ шахсан ё ба воситаи намоянда пеш баранд. Шахсан пеш бурдани парванда шаҳрвандонро аз ҳуқуқи доштани намоянда маҳрум намесозад.
4. Ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони ғайри қобили амалро дар мурофиаи судии иқтисодӣ намояндагони қонунии онҳо - падару модар, фарзандхондагон, васиён ва ё парасторон, ки метавонанд пешбурди парвандаро дар суди иқтисодӣ ба дигар намояндаи интихобкардаи онҳо супоранд, ҳимоя менамоянд.
5. Парвандаҳои ташкилотҳоро дар суди иқтисодӣ мақомоти онҳо дар доираи салоҳияти пешбининамудаи қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ё ҳуҷҷатҳои таъсисӣ пеш мебаранд. Аз номи ташкилоти барҳамхӯранда дар суд намояндаи ваколатдори комиссияи барҳамдиҳӣ баромад мекунад.
4. Дар суди иқтисодӣ ба сифати намоянда метавонад шахси қобили амал, ки барои пешбурди парванда дорои ваколати ба таври дахлдор ба расмият даровардашуда мебошад, ба истиснои шахсони дар моддаи 59 Кодекси мазкур пешбинишуда, иштирок намояд.
Моддаи 59. Шахсоне, ки наметавонанд дар суди иқтисодӣ намоянда бошанд
1. Судяҳо, муфаттишон, прокурорҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо наметавонанд дар суди иқтисодӣ намоянда бошанд. Тартиби мазкур ба ҳолатҳое, ки шахсони зикргардида дар суди иқтисодӣ ба сифати намояндагони мақомоти дахлдор ё намояндагони қонунӣ баромад мекунанд, дахл надорад (Қонуни ЧТ аз 30.05.2017 № 1420).
2. Шахсоне, ки ба таври пурра дорои қобилияти амалкунӣ нестанд ё ин ки таҳти васоят ё парасторӣ мебошанд, дар суди иқтисодӣ намоянда буда наметавонанд.
Моддаи 60. Барасмиятдарорӣ ва тасдиқи ваколатҳои намоянда
1. Ваколатҳои роҳбарони ташкилотҳо, ки аз номи ташкилотҳо дар доираи салоҳияти бо қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ё ҳуҷҷатҳои таъсисии пешбинишуда амал мекунанд, бо ҳуҷҷатҳои аз ҷониби онҳо ба суди иқтисодӣ пешниҳодшаванда, ки вазъи хизматии онҳоро муқаррар менамояд, инчунин бо ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо тасдиқ мегарданд.
2. Ваколати намояндагони қонунӣ бо хуҷҷатҳои шаҳодатдиҳандаи мақом ва ваколати онҳо, ки ба суди иқтисодӣ пешниҳод шудаанд, тасдиқ мегарданд.
3. Ваколати адвокатҳо барои пешбурди парванда дар судҳои иқтисодӣ бо қонун муайян карда мешавад.
4. Ваколати намояндагони дигар барои пешбурди парванда дар суди иқтисодӣ бояд дар ваколатномаҳои мувофиқи қонун супурда ва ба расмият даровардашуда, дар ҳолатҳои пешбининамудаи шартномаи байналмилалии Тоҷикистон ё қонун бошанд, дар дигар ҳуҷҷат инъикос гардад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
5. Ваколатнома аз номи шахси ҳуқуқӣ бояд аз ҷониби роҳбари он ё шахси дигаре, ки тибқи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ барои ин ваколатдор шудааст, имзо гардад ва дар он мӯҳри ташкилот гузошта шавад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
Моддаи 61. Ваколатҳои намоянда
1. Намоянда ҳуқуқ дорад аз номи шахсе, ки дар суд ӯро намояндагӣ мекунад, ҳамаи амалҳои мурофиавиро анҷом диҳад, ба истиснои амалҳои дар қисми 2 моддаи мазкур нишондодашуда, ба шарте, ки дар ваколатнома ё дигар ҳуҷҷат тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
2. Ҳуқуқи намоянда барои имзои аризаи даъвогӣ ва изҳори назар ба аризаи даъвогӣ, ариза дар бораи таъмини даъво, супоридани парванда ба суди ҳакамӣ, пурра ё қисман даст кашидан аз талаботи даъво ва эътироф намудани даъво, тағйир додани предмет ё асоси даъво, бастани созиши оштӣ ва созиш аз рӯи ҳолатҳои воқеии кор, ба шахси дигар вогузоштани салоҳияти худ, ҳамчунин ҳуқуқи имзо кардани ариза дар бораи аз нав баррасӣ намудани санадҳои судӣ аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоршуда, шикояти санади суди иқтисодӣ, гирифтани маблағ ва дигар молу мулки ба фоидаи ӯ гузаронидашуда дар ваколатнома ё дигар ҳуҷҷате, ки ваколатдиҳанда додааст, бояд махсус зикр гардад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1539).
Моддаи 62. Санҷиши ваколатҳои шахсони иштироккунандаи парванда ва намояндагони онҳо
1. Суди иқтисодӣ ӯҳдадор аст ваколатҳои шахсони иштироккунандаи парванда ва намояндагони онҳоро санҷад.
2. Суди иқтисодӣ масъаларо дар бораи эътироф кардани салоҳияти шахсони иштироккунадаи парванда ва намояндагони онҳо ва барои иштирок роҳ додани онҳо ба маҷлиси судӣ дар асоси таҳқиқи ҳуҷҷатҳои ба суди иқтисодӣ пешниҳоднамудаи шахсони зикргардида ҳал менамояд.
3. Ҳуҷҷате, ки ваколати шахсони зикргардидаро тасдиқ менамояд, ҳангоми зарурат ба парванда ҳамроҳ карда мешавад ё маълумот дар бораи онҳо дар протоколи маҷлиси судӣ инъикос карда мешавад.
4. Дар мавриди аз ҷониби шахси иштироккунандаи парванда ва намояндаи ӯ пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳои зарурие, ки ваколатҳои онҳоро тасдиқ мекунанд ё пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ба талаботи муқарраркардаи Кодекси мазкур ва дигар қонунҳо мутобиқнабуда, ҳамчунин дар ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳо дар бораи намояндагӣ, ки дар моддаҳои 58 ва 59 Кодекси мазкур муқаррар гардидаанд, суди иқтисодӣ дар бораи эътироф накардани салоҳияти шахси дахлдоре, ки дар парванда иштирок менамояд, таъинот мебарорад ва ин дар протоколи маҷлиси судӣ дарҷ карда мешавад.
БОБИ 7. ДАЛЕЛҲО ВА ИСБОТКУНӢ
Моддаи 63. Далелҳо
1. Ҳама гуна маълумоти бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар қонунҳо ба даст овардашудае, ки дар асоси онҳо суди иқтисодӣ мавҷуд будан ё набудани ҳолатҳои асоснокшудаи талабот ва норозигии шахсони иштироккунандаи парванда, инчунин дигар ҳолатҳоеро, ки барои ҳалли дурусти парванда аҳамият доранд, муқаррар менамояд, далелҳо оид ба парванда мебошанд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
2. Далелҳои хаттӣ ва шайъӣ, баёноти шахсони иштироккунандаи парванда, хулосаҳои экспертҳо, нишондоди шоҳидон, сабти овоз ва видео, дигар ҳуҷҷату мавод далел буда метавонад. Ба сифати далел истифода намудани сабти видеоии баёноти шахсони иштироккунандаи парванда ва шахсони дигар, ки дар баррасии парванда дар судҳои иқтисодӣ бо тартиби пешбининамудаи моддаи 152(1) ҳамин Кодекс гирифта шудаанд, иҷозат дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1931).
3. Сабти овоз ё видеои дар ҳомили электронӣ ё ҳомили дигар пешниҳодшуда дар он маврид далел эътироф мегардад, агар шахс оид ба вақт ва маҳалли сабт, аз ҷониби кӣ ва дар кадом шароит анҷом дода шудани он ҳуҷҷати тасдиқкунанда ва ё далел оварад. Чунин тартиб ҳангоми пешниҳоди дархост оид ба талаб карда гирифтани далелҳои зикршуда бояд риоя карда шавад (қонуни ҶТ аз 02.04.2020 № 1687).
4. Истифодаи далелҳое, ки бо вайрон кардани қонун дастрас шудаанд, манъ аст (қонуни ҶТ аз 02.04.2020 № 1687).
Моддаи 64. Ӯҳдадории исботкунӣ
1. Ҳар шахси иштироккунандаи парванда бояд ҳолатҳоеро исбот намояд, ки ҳамчун асоси талабот ва норозигии худ ба он такя менамояд. Ӯҳдадории исботи ҳолатҳое, ки асоси аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва дигар мақомот, шахсони мансабдор қабул кардани санад, қарор, содир кардани амале (беамалие), ки мавриди баҳс қарор гирифтааст, ба зиммаи мақомот ва шахси мансабдори дахлдор гузошта мешавад.
2. Ҳолатҳои барои ҳалли дурусти парванда муҳимро суди иқтисодӣ дар асоси талабот ё норозигии шахсони иштироккунандаи парванда мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқи моддии татбиқшаванда муайян менамояд.
3. Ҳар шахси иштироккунандаи парванда далелеро, ки ба он ҳамчун асоси талабот ва норозигии худ такя мекунад, дар назди дигар шахсони иштироккунандаи парванда то оғози маҷлиси судӣ бояд ошкор намояд, ба шарте, ки Кодекси мазкур тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.
4. Шахсони иштироккунандаи парванда танҳо ба он далелҳое такя карда метавонанд, ки бо ин далелҳо дигар шахсони иштироккунандаи парванда пешакӣ шинос шуда бошанд.
5. Шахсони воқеӣ (соҳибкорони инфиродӣ) ва ҳуқуқӣ, инчунин мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо мақсади тасдиқ, ҳифз ва ҳимояи ҳуқуқҳои худ, ки ҳангоми бастани шартнома, тағйир додани шартҳои он ё бекор кардани шартнома, анҷом додани аҳдҳои дигар, ҳангоми барасмиятдарории ҳуқуқи моликият, ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ, бақайдгирии шахси ҳуқуқӣ ё шаҳрванд ба сифати соҳибкор, ситонидани ҷарима, аз ҳисоб баровардани воситаҳои пулӣ бо тартиби бебаҳс ва ҳангоми анҷом додани амали дигари аз нигоҳи ҳуқуқӣ аҳамиятнок бамиёномада ӯҳдадоранд амали иҷрокарда ё радди иҷрои онро дар шакли ҳуҷҷате, ки ҷавобгӯи талаботи қонун, стандартҳо, намунаҳои тасдиқгардида ва ё одатҳои муомилоти корӣ бо таъмини талаботи барои чунин ҳуҷҷатҳо зарурӣ - варақаи идоравӣ (бланк), санаи таҳия ё имзои ҳуҷҷат, рақам ва нишони содиротии (индекси) он, аслӣ будани имзои шахси мансабдор ё намоянда, мӯҳр, бақайдгирии ҳуҷҷатҳо дар дафтари баҳисобгирии ҳуҷҷатҳо ё шартномаҳо мебошанд, тасдиқ кунанд (қонуни ҶТ аз 02.04.2020 № 1687).
6. Ҳангоми вайрон кардани тартиби дахлдори тасдиқи далелҳо ва гум кардани нусхаи аслии ҳуҷҷат аз ҷониби шахсони иштироккунандаи мурофиаи иқтисодӣ оқибатҳои ногувори исбот нашудани ваҷҳҳои тарафҳо оид ба ҳолатҳои воқеии парванда ба зиммаи тараф ё шахси дигари иштироккунандаи парванда гузошта мешавад, ки метавонист ё мебоист то оғози мурофиаи судӣ худро бо далелҳои боэътимод ва бешубҳа таъмин намояд (қонуни ҶТ аз 02.04.2020 № 1687).
Моддаи 64(1). Ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шахсони воқеӣ (соҳибкорони инфиродӣ), ҳуқуқӣ ва давлат ҳангоми исботкунӣ
(қонуни ҶТ  аз 02.04.2020 № 1687)
1. Ҳангоми исботкунӣ ба амалҳои мурофиавие, ки метавонанд ба шахсони воқеӣ (соҳибкорони инфиродӣ) ва ҳуқуқӣ зарар расонанд, инчунин шаъну шараф ва обрӯи кории онҳоро паст зананд, иҷозат дода намешавад.
2. Суд барои махфӣ нигоҳ доштани маълумоти дорои сирри давлатӣ, хизматӣ, тиҷоратӣ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда тадбирҳо меандешад. Шахсони иштироккунандаи парванда ва дигар шахсони ҳангоми гузаронидани амалҳои мурофиавӣ ҳузурдошта, ки дар ҷараёни он мумкин аст чунин маълумот ошкор гардад, оид ба ҷавобгарии ифшои чунин маълумот огоҳ карда мешаванд.
3. Азназаргузаронӣ ва таҳқиқи ҳуҷҷатҳо ё ашёи дорои маълумоти сирри давлатӣ, хизматӣ, тиҷоратӣ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда мувофиқи таъиноти суд анҷом дода мешаванд. Вақт, маҳал, шарти гузаронидани амалҳои мурофиавӣ ҷиҳати азназаргузаронӣ, таҳқиқи ҳуҷҷатҳо ва ашёи дорои маълумоти сирри давлатӣ, хизматӣ, тиҷоратӣ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшавандаро суд муайян менамояд (қонуни ҶТ  аз 02.04.2020 № 1687).
Моддаи 65. Пешниҳод ва талаб намудани далелҳо
1. Далелҳо аз ҷониби шахсони иштироккунандаи парванда пешниҳод карда мешаванд. Нусхаи ҳуҷҷатҳое, ки шахси иштирокчии парванда ба суди иқтисодӣ пешниҳод намудааст, аз ҷониби ӯ ба дигар шахсони иштироккунандаи парванда фиристонида мешавад, ба шарте, ки онҳо ин ҳуҷҷатҳоро надошта бошанд.
2. Суди иқтисодӣ ҳуқуқ дорад ба шахсони иштироккунандаи парванда таклиф намояд, ки то оғози маҷлиси судӣ далелҳои иловагиро, ки барои муайян намудани ҳолатҳо ва ҳалли дурусти парванда аҳамият доранд, пешниҳод намоянд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
3. Ҳангоми тағйир ёфтани ҳолатҳое, ки бинобар аз ҷониби даъвогар тағйир додани асос ё предмети даъво ва аз ҷониби ҷавобгар пешниҳод кардани даъвои муқобили даъво бояд исбот гарданд, суди иқтисодӣ ҳуқуқ дорад барои пешниҳоди далелҳои иловагӣ мӯҳлат муқаррар намояд.
4. Шахси иштироккунандаи парвандае, ки аз шахси далелдор имконияти мустақилона талаб карда гирифтани далелро надорад, метавонад ба суди иқтисодӣ бо дархост дар бораи талаб карда гирифтани ҳамин далел муроҷиат намояд. Дархост бояд дорои далел бошад, дар он инчунин ҳолатҳои барои парванда муҳиме, ки бо ин далел муқаррар карда мешавад, сабабҳое, ки ба гирифтани далел монеъ шудаанд ва маҳалли ҷойгиршавии онҳо зикр гардад. Ҳангоми қонеъ гардондани дархост суди иқтисодӣ далелҳои дахлдорро аз шахсе, ки онҳо дар дасташ мебошанд, талаб карда мегирад.
5. Дар мавриди далелҳоро пешниҳод накардани мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомот, шахсони мансабдор оид ба парвандаҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқии маъмурӣ ва дигари оммавӣ ба миён меоянд, суди иқтисодӣ ин далелҳоро аз мақомоти зикргардида бо ташаббуси худ талаб карда мегирад. Нусхаи ҳуҷҷатҳои аз пеши худ талаб карда гирифтаи суди иқтисодӣ ба шахсони иштироккунандаи парванда барои шиносшавӣ аз ҷониби суд пешниҳод карда мешавад, ба шарте, ки онҳо ин ҳуҷҷатҳоро надошта бошанд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
6. Дар бораи талаб карда гирифтани далелхо суди иқтисодӣ таъинот мебарорад. Дар таъинот мӯҳлат ва тартиби пешниҳоди далел муқаррар карда мешавад. Нусхаи таъинот ба шахсони иштироккунандаи парванда, ҳамчунин ба шахсе, ки далели талабкардаи суд дар дасти ӯ мебошад, фиристода мешавад.
7. Шахсе, ки далели талабкардаи суд дар дасти ӯ мебошад, далелро бевосита ба суди иқтисодӣ мефиристад.
8. Агар шахсе, ки аз вай суди иқтисодӣ далел талаб мекунад, барои пешниҳоди далели талабнамуда умуман имконият надошта бошад ё наметавонад дар мӯҳлати муқаррарнамудаи суди иқтисодӣ онро пешниҳод намояд, бояд дар ин хусус бо зикри сабабҳои пешниҳод накардани он дар мӯҳлати панҷ рӯзи баъди гирифтани таъинот дар бораи талаб карда гирифтани далел суди иқтисодиро огоҳ намояд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
9. Дар мавриди бо сабабҳои узрнок эътирофнакардаи суд иҷро накардани ӯҳдадории пешниҳоди далели талабнашуда, ки суди иқтисодӣ ё ҳангоми огоҳ накардани суд дар бораи умуман пешниҳод накардани далел ё дар мӯҳлати муқарраргардида пешниҳод накардани он шахсе, ки аз ӯ далел талаб карда мешавад, аз ҷониби суди иқтисодӣ бо тартиб ва андозае, ки дар боби 11 Кодекси мазкур муқаррар шудааст, ҷаримабандӣ карда мешавад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
10. Дар бораи ҷаримабандӣ суди иқтисодӣ таъинот мебарорад. Дар таъинот дар бораи ҷаримабандӣ мӯҳлати нав муқаррар карда мешавад, ки дар ин муддат далели талабкардашаванда бояд пешниҳод карда шавад.
11. Дар мавриди дар мӯҳлати муқарраркардаи таъинот дар бораи ҷаримабандӣ иҷро нагардидани талаботи зикргардида, суди иқтисодӣ метавонад аз рӯи қоидаҳои бо қисми 9 моддаи мазкур пешбинишуда такроран ҷарима бандад, ба шарте, ки дар амали (беамалии) шахс таркиби ҷиноят набошад.
5. Ҷаримабандии судӣ шахсеро, ки далели талабшуда дар дасти ӯ мебошад, аз ӯҳдадории ба суди иқтисодӣ пешниҳод намудани ин далел озод намекунад.
6. Таъиноти суди иқтисодӣ дар бораи ҷаримабандӣ метавонад мавриди шикоят қарор гирад.
Моддаи 66. Дахлдории далел
Суди иқтисодӣ танҳо он далелҳоро қабул менамояд, ки ба парвандаи баррасишаванда муносибат доранд.
Моддаи 67. Ҷоизии далел
Ҳолатҳои парванда, ки бояд мувофиқи қонун ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо далелҳои муайян тасдиқ карда шаванд, дар суди иқтисодӣ бо дигар далелҳо тасдиқ карда шуда наметавонанд.
Моддаи 68. Асосҳои озод будан аз исботкунӣ
1. Ҳолатҳое, ки суди иқтисодӣ онҳоро маълуми ҳама эътироф кардааст, ба исботкунӣ эҳтиёҷ надоранд.
2. Ҳолатҳое, ки бо санади эътибори қонунӣ пайдокардаи суди иқтисодӣ аз рӯи парвандаи қаблан баррасӣ гардида, муқаррар шудаанд, ҳангоми аз ҷониби суди иқтисодӣ баррасӣ кардани парвандаи дигар, ки дар он ҳамин шахсон иштирок менамоянд, аз нав исбот карда намешаванд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
3. Қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи суди юрисдиксияи умумии аз рӯи парвандаи гражданӣ қаблан баррасигардида барои суди иқтисодӣ, ки парвандаро баррасӣ менамояд,оид ба масъалаи ҳолатҳое, ки бо қарори суди юрисдиксияи умумӣ муқаррар карда шудаанд ва бо шахсони иштироккунандаи парванда муносибат доранд, ҳатмӣ мебошад.
4. Ҳукми эътибори қонунӣ пайдокардаи суд аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ барои суди иқтисодӣ оид ба масъалаҳо дар бораи он, ки амалҳои муайян ҷой доштанд ва онҳо аз ҷониби шахси муайян содир шудаанд, ҳатмӣ мебошад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1475).
5. Ҳолатҳое, ки аз ҷониби нотариус ҳангоми ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ тасдиқ гардиданд, исботкуниро талаб намекунанд, агар асл будани ҳуҷҷати бо тариқи нотариалӣ тасдиқгардида бо тартиби пешбининамудаи моддаи 159 ҳамин Кодекс рад нагардида ё агар санади нотариалӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1818).
Моддаи 69. Озод кардан аз исботи ҳолатҳое, ки тарафҳо эътироф кардаанд
1. Суди иқтисодии марҳилаи якум дар ҳамаи давраҳои мурофиаи судии иқтисодӣ бояд барои ба созиш омадани тарафҳо оид ба баҳодиҳии ҳолатҳо ба пуррагӣ ва ё қисмҳои алоҳидаи он мусоидат намояд, барои ин мақсадҳо ташаббуси зарурӣ зоҳир намуда, салоҳияти мурофиавӣ ва эътибори мақомоти ҳокимияти судиро истифода намояд (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 937).
2. Ҳолатҳое, ки дар натиҷаи созиши байни тарафҳо эътироф шудаанд, аз ҷониби суди иқтисодӣ ба сифати фактҳое, ки дар оянда исботро талаб намекунанд, қабул карда мешаванд.
Дар маҷлиси судӣ ва берун аз маҷлиси судӣ ҳосил шудани созиши байни тарафҳо оид ба ҳолатҳои кор бо аризаи хаттии онҳо тасдиқ мегардад ва дар протоколи маҷлиси судӣ дарҷ карда мешавад.
3. Аз ҷониби яке аз тарафҳо эътироф кардани ҳолатҳое, ки тарафи дигар талабот ва норозигии худро асоснок мекунад, тарафи дигарро аз исбот кардани ин ҳолатҳо озод менамояд. Факти эътирофи ҳолатҳоро суди иқтисодӣ дар протоколи маҷлиси судӣ дарҷ менамояд ва он бо имзои тарафҳо тасдиқ карда мешавад. Эътирофе, ки дар шакли хаттӣ ифода ёфтааст, ба парванда ҳамроҳ карда мешавад.
4. Суди иқтисодӣ эътирофи тарафро ба инобат намегирад, агар далелҳое дошта бошад, ки ба он шаҳодат диҳад, ки эътирофи ҳамин тараф нисбати ҳолатҳои нишондода бо мақсади пинҳон кардани фактҳои муайян ё таҳти фиреб, зӯроварӣ, таҳдид, гумроҳӣ содир шудаанд ва ин ҳолатро суди иқтисодӣ дар протоколи маҷлиси судӣ дарҷ менамояд. Дар ин маврид ин ҳолат дар асоси умумӣ исбот карда мешавад.
5. Ҳолатҳое, ки бо тартиби муқарраркардаи моддаи мазкур тарафҳо эътироф ва тасдиқ кардаанд, минбаъд дар ҷараёни пешбурди парванда дар мавриди аз ҷониби суди иқтисодӣ қабул кардани онҳо санҷида намешаванд.
Моддаи 70. Баҳодиҳии далелҳо
1. Суди иқтисодӣ ба далелҳо бо эътиқоди ботинӣ баҳо медиҳад, ки он ба таҳқиқи ҳамаҷониба, пурра, беғаразона ва бевоситаи далелҳои дар парванда мавҷуда асос меёбад.
2. Суди иқтисодӣ дахлдорӣ, ҷоизӣ, саҳеҳии ҳар як далел, инчунин басандагӣ ва алоқаи мутақобилаи ин далелҳоро дар маҷмӯъ баҳо медиҳад.
3. Далелҳоро суди иқтисодӣ дар он маврид саҳеҳ эътироф менамояд, ки дар натиҷаи таҳқиқ, муқоиса бо дигар далелҳо муайян гардад, ки маълумоти дар он мавҷуда ба ҳақиқат мувофиқ аст.
4. Ҳар як даяелро суди иқтисодӣ дар баробари дигар далелҳо баҳо медиҳад.
5. Ҳеҷ яке аз далелҳо барои суди иқтисодӣ дорои эътибори пешакӣ муқарраршуда намебошад.
6. Суди иқтисодӣ наметавонад далелро исботшуда ҳисоб кунад, ки он танҳо бо нусхаи ҳуҷҷат ё дигар далели хаттӣ тасдиқ гардида, асли ҳуҷҷат гум шуда ё ба суди иқтисодӣ пешниҳод нашуда бошад ва нусхаи ин ҳуҷҷат, ки шахсони иштироккунандаи парванда пешниҳод кардаанд, якхела набуда, муқаррар кардани манбаи аслӣ бо кӯмаки дигар далелҳо имконнопазир бошад.
7. Суди иқтисодӣ натиҷаҳои баҳодиҳии далелҳоро дар санади судӣ дарҷ намуда, дар он асосҳои қабул ва рад кардани далелҳоеро, ки шахсони иштироккунандаи парванда барои исботи талабот ва норозигии худ пешниҳод карда буданд, зикр менамояд.
Моддаи 71. Таъмини далелҳо
1. Агар шахсони иштирокчии парванда барои шубҳа асос дошта бошанд, ки ба суди иқтисодӣ пешниҳоди далелҳои зарурӣ барояшон имконнопазир ё душвор мегардад, метавонанд бо ариза дар бораи таъмини ин далелҳо муроҷиат намоянд.
2. Ариза дар бораи таъмини далелҳо ба суди иқтисодие, ки парванда дар истеҳсолоти вай мебошад, пешниҳод карда мешавад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
3. Дар ариза далелҳое, ки бояд таъмин карда шаванд, ҳолатҳое, ки барои тасдиқи онҳо ин далелҳо заруранд, сабабҳое, ки аризадиҳандаро маҷбур сохтааст оид ба таъмини далелҳо бо хоҳиш муроҷиат намояд, бояд зикр шаванд.
4. Таъмини далелҳоро суди иқтисодӣ тибқи қоидаҳои муқарраркардаи Кодекси мазкур барои тадбирҳои таъминотӣ амалӣ мегардонад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
5. Суди иқтисодӣ дар асоси аризаи шаҳрванд ё ташкилот ҳуқуқ дорад то пешниҳоди даъво бо тартиби муқарраркардаи моддаи 98 Кодекси мазкур чораҳои таъмини далелҳоро андешад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
Моддаи 72. Супориши судӣ
1. Суди иқтисодие, ки парвандаро баррасӣ мекунад, дар ҳолати надоштани имконияти гирифтани далелҳои дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ё шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мавҷуда бо тартиби пешбининамудаи моддаи 65 Кодекси мазкур ҳуқуқ дорад ба суди иқтисодии дахлдор супориш диҳад, ки амали муайяни мурофиавиро иҷро намояд (Қонуни ЧТ аз 30.05.2017 № 1420).
2. Дар бораи супориши иҷро намудани амали муайяни мурофиавӣ таъинот бароварда мешавад. Дар таъинот мазмуни мухтасари парвандаи баррасишаванда, ҳолатҳое, ки бояд муайян карда шаванд, далелҳое, ки суди иҷрокунандаи супориши судӣ бояд ҷамъ намояд, зикр карда мешаванд. Нусхаи таъинот ба суди иқтисодие, ки ба он супориши судӣ дода шудааст, фиристода мешавад.
3. Таъинот дар бораи супориши суди барои суди иқтисодие, ки ба унвонаш ирсол шудааст, ҳатмӣ буда, бояд дар мӯҳлати то даҳ рӯзи баъди гирифтани нусхаи таъинот иҷро карда шавад.
Моддаи 73. Тартиби иҷрои супориши судӣ
1. Супориши судӣ дар маҷлиси судии суди иқтисодӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур анҷом дода мешавад.
2. Шахсони иштироккунандаи парванда оид ба вақт ва маҳалли гузаронидани маҷлиси судӣ огоҳ карда мешаванд. Ҳозир нашудани ин шахсон, ки ба таври дахлдор дар бораи вақт ва ҷои маҷлиси судӣ огоҳ шудаанд, барои гузаронидани маҷлиси судӣ монеа шуда наметавонад, ба шарте, ки он ба моҳияти супориш зид набошад.
3. Дар бораи иҷрои супориши судӣ таъинот бароварда мешавад, ки он ба протоколи маҷлиси судӣ ва ҳамаи дигар маълумоте, ки ҳангоми иҷрои супориши судӣ ҷамъ оварда, ба суди иқтисодие, ки супориши судиро равона кардааст, фавран фиристода мешавад.
4. Дар сурати иҷро нашудани супориши судӣ бо сабабҳои новобаста ба суди иқтисодӣ ин ҳолат дар таъинот дарҷ карда мешавад.
5. Шахсони иштироккунандаи парванда, шоҳидон, экспертҳое, ки ба суди иқтисодии супориши судиро иҷрокарда баёнот, нишондод ё хулоса додаанд, дар мавриди иштирокашон дар маҷлиси судии суди иқтисодие, ки парвандаро баррасӣ мекунад, тибқи тартиби умумӣ баёнот, нишондод ва хулоса медиҳанд.
Моддаи 74. Далелҳои хаттӣ
1. Далелҳои хаттӣ - шартномаҳо, санадҳо, маълумотномаҳо, муросилоти корӣ, дигар ҳуҷҷатҳое мебошанд, ки дар шакли рақамӣ, сабтҳои графикӣ ё дигар восита иҷро шудаанд, барои муқаррар кардани дурустии ҳуҷҷат имконият медиҳанд ва маълумотро оид ба ҳолатҳое дар бар мегиранд, ки барои парванда муҳиманд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
2. Ба далелҳои хаттӣ ҳамчунин протоколҳои маҷлиси судӣ, протоколҳои анҷом додани амалҳои алоҳидаи мурофиавӣ ва замимаҳо ба онҳо дохил мешаванд.
3. Ҳуҷҷатҳои тавассути алоқаҳои факсимилӣ, электронӣ ё дигар намуди алоқа гирифташуда, ҳамчунин ҳуҷҷатҳои бо имзои рақамӣ ё бо шабоҳати дигари имзои дастӣ имзо шудаанд, дар ҳолатҳо ва тартиби муқарраркардаи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ё шартнома ба сифати далели хаттӣ истифода мешаванд. Агар нусхаи ҳуҷҷатҳо ба суди иқтисодӣ дар шакли электронӣ пешниҳод гардида бошанд, суд метавонад пешниҳоди нусхаи аслии ин ҳуҷҷатҳоро дар шакли хаттӣ талаб намояд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1931).
4. Ба далелҳои хаттии ба суди иқтисодӣ пешниҳодшаванда, ки пурра ё қисман ба забони хориҷӣ иҷро шудаанд, бояд тарҷумаи ба забони давлатӣ ё забони муоширати байни миллатҳо ба таври дахлдор тасдиқгардидаи онҳо замима карда шаванд.
5. Ҳуҷҷати дар давлати хориҷӣ гирифташуда, ки он тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ (легализатсия) карда ё ба он апостил гузошта шудааст, дар суди иқтисодӣ далели хаттӣ эътироф мегардад, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1233).
6. Далелҳои хаттӣ дар асл ё дар шакли нусхаи ба таври дахлдор тасдиқгардида ба суди иқтисодӣ пешниҳод карда мешаванд. Агар ба парвандаи баррасишаванда як қисми ҳуҷҷатҳо дахл дошта бошад, иқтибоси тасдиқгардидаи онҳо пешниҳод карда мешаванд.
7. Асли ҳуҷҷатҳо ба суди иқтисодӣ дар сурати мутобиқи қонун ё дигар санадҳои меёрии ҳуқуқӣ танҳо бо чунин ҳуҷҷатҳо тасдиқ карда шудани ҳолатҳои парванда ва ҳамчунин бо талаби суди иқтисодӣ пешниҳод карда мешавад.
8. Асли ҳуҷҷатҳои дар парванда мавҷуда дар асоси аризаи шахсони пешниҳоднамудаи онҳо баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани санади судӣ, ки бо он баррасии парванда анҷом меёбад, ба онҳо баргардонда мешавад, ба шарте, ки ин ҳуҷҷатҳо ба шахси дигар баргардонда нашаванд. Дар як вақт бо ариза шахсони зикргардида нусхаи ба таври дахлдор тасдиқкардаи ҳуҷҷатҳоро пешниҳод менамоянд ё аз суди иқтисодӣ хоҳиш менамоянд, ки нусхаи далелҳои хаттии дар парванда боқимондаро тасдиқ намояд.
Моддаи 75. Далелҳои шайъӣ
1. Далелҳои шайъӣ ашёҳое мебошанд, ки бо намуди зоҳирии худ, хосият, маҳалли ҷойгиршавӣ ё дигар нишонаҳо метавонанд ҳамчун воситаи муайян намудани ҳолатҳои барои парванда муҳим истифода шаванд.
2. Дар бораи ба парванда ҳамроҳ кардани далелҳои шайъӣ суди иқтисодӣ таъинот мебарорад.
Моддаи 76. Нигоҳ доштани далелҳои шайъӣ
1. Далелҳои шайъӣ дар маҳалли ҷойгиршавиашон нигоҳ дошта мешаванд. Онҳо бояд муфассал дарҷ гарданд, мӯҳр дошта бошанд ва ҳангоми зарурат ба навори видео гирифта, аксбардорӣ карда шаванд.
2. Далелҳои шайъӣ метавонанд дар суди иқтисодӣ нигоҳ дошта шаванд, ба шарте, ки онро суд зарур донад.
3. Хароҷоти вобаста ба нигаҳдории далелҳои шайъӣ байни тарафҳо мутобиқи тартиби муқарраркардаи Кодекси мазкур тақсим карда мешавад.
4. Суди иқтисодӣ ва нигоҳдоранда ҷиҳати ҳифзи бетағйири далелҳои шайъӣ чораҳо меандешанд.
Моддаи 77. Азназаргузаронӣ ва таҳқиқи далелҳои хаттӣ ва шайъӣ дар маҳалли ҷойгиршавии онҳо
1. Суди иқтисодӣ метавонад далелҳои хаттӣ ва шайъиеро, ки ба суди иқтисодӣ оварданашон имконнопазир ё мушкил аст, дар маҳалли ҷойгиршавиашон аз назар гузаронад ва таҳқиқ намояд. Дар бораи азназаргузаронӣ ва таҳқиқи далел дар маҳалли ҷойгиршавӣ таъинот бароварда мешавад.
2. Азназаргузаронӣ ва таҳқиқи далелҳои хаттӣ ва шайъӣ аз ҷониби суди иктисодӣ бо огоҳ кардани шахсони иштироккунандаи парванда дар бораи маҳал, вақти азназаргузаронӣ ва таҳқиқ анҷом дода мешавад. Ҳозир нашудани шахсони ба таври дахлдор огоҳшуда ба анҷом додани азназаргузаронӣ ва таҳқиқ монеа шуда наметавонад.
3. Дар мавриди зарурат барои иштирок дар азназаргузаронӣ ва таҳқиқи далелҳои хаттӣ ва шайъӣ суди иқтисодӣ метавонад экспертҳо ва шоҳидонро даъват намояд, ҳамчунин аксбардорӣ кунад, сабти аудио ва видеоиро анҷом диҳад.
4. Бевосита дар ҷараёни азназаргузаронӣ ва таҳқиқи далелҳои хаттӣ ва шайъӣ дар маҳалли ҷойгиршавии онҳо суди иқтисодӣ бо тартиби муқарраркардаи моддаи 154 Кодекси мазкур протокол тартиб медиҳад. Ба протокол ҳуҷҷатҳои ҳангоми азназаргузаронӣ тартибдода ва санҷидашуда, аксҳо, сабтҳои аудио ва видео ҳамроҳ карда мешаванд.
Моддаи 78. Азназаргузаронӣ ва таҳқиқи далелҳои шайъие, ки зуд вайрон мешаванд
1. Азназаргузаронӣ ва таҳқиқи далелҳои шайъии зудвайроншавандаро суди иқтисодӣ дар маҳалли ҷойгиршавии онҳо фавран анҷом медиҳад. Баъди азназаргузаронӣ онҳоро метавонанд аз рӯи таъинот бо тартиби муқарраркардаи қонун ё шартнома истифода баранд.
2. Оид ба вақт ва маҳалли азназаргузаронӣ ва таҳқики далелҳои шайъии зудвайроншаванда шахсони иштироккунандаи парвандаро суди иқтисодӣ огоҳ месозад. Ҳозир нашудани шахсони ба таври дахлдор огоҳшудаи иштироккунандаи парванда барои азназаргузаронӣ, ва таҳқиқи далелҳои шайъии зудвайроншаванда монеа шуда наметавонад.
3. Азназаргузаронӣ ва таҳқиқи далелҳои шайъии зудвайроншаванда бо тартиби муқарраркардаи моддаи 77 Кодекси мазкур, бо назардошти хусусиятҳои пешбиникардаи моддаи мазкур анҷом дода мешавад.
Моддаи 79. Ихтиёрдории далелҳои шайъие, ки дар суди иқтисодӣ мавҷуданд
1. Далелҳои шайъии дар суди иқтисодӣ мавҷударо баъди азназаргузаронӣ ва таҳқиқ суд ба шахсоне, ки аз онҳо гирифта шудаанд, бармегардонад, ба шарте, ки ин далелҳои шайъӣ ба шахси дигар супорида нашаванд.
2. Суди иқтисодӣ ҳуқуқ дорад далелҳои шайъиро то кабули санади судӣ, ки бо он баррасии парванда анҷом меёбад, нигоҳ дорад ва ин далелҳоро баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани санади судии зикргардида баргардонад.
3. Предмете (ашёе), ки мутобиқи қонун наметавонад дар ихтиёрдории шахсони алоҳида бошад, ба ташкилоти дахлдор супорида мешавад.
4. Суди иқтисодӣ оид ба масъалаҳои ихтиёрдории далелҳои шайъӣ таъинот мебарорад.
Моддаи 80. Баёноти шахсони иштироккунандаи парванда
1. Шахси иштироккунандаи парванда ба суди иқтисодӣ баёноти худро оид ба ҳолатҳои барояш маълум, ки барои парванда аҳамият доранд, дар шакли хаттӣ ё шифоҳӣ пешниҳод мекунад. Бо таклифи суд шахси иштироккунандаи парванда метавонад баёнотҳои худро дар шакли хаттӣ пешниҳод намояд. Баёноти дар шакли хаттӣ изҳор кардашуда ба маводи парванда замима мегардад.
2. Баёноти дар шакли хаттӣ изҳоркардаи шахсони иштироккунандаи парванда дар маҷлиси судӣ эълон карда мешавад.
3. Баъди эълон кардани баёноти хаттӣ шахси ин баёнотро изҳоркарда ҳуқуқ дорад нисбати он баёноти зарурӣ диҳад, инчунин ӯҳдадор аст ба саволҳои дигар шахсони иштироккунандаи парванда ва суди иқтисодӣ ҷавоб диҳад.
4. Баёноти шахсони иштироккунандаи парванда оид ба ҳолатҳои барояшон маълум ва барои парванда аҳамиятдошта бояд санҷида ва якҷоя бо дигар далелҳо баҳо дода шавад.
Моддаи 81. Таъин намудани экспертиза
1. Ҷиҳати тавзеҳи масъалаҳои ҳангоми баррасии парванда бамиёномада, ки дониши махсусро талаб мекунанд, суди иқтисодӣ тибқи дархости шахсони иштироккунандаи парванда экспертиза таъин мекунад. Агар таъин кардани экспертиза бо муқаррароти қонун ё шартнома пешбинӣ шуда бошад, ё ин ки барои санҷиши ариза дар бораи сохтакорона будани далелҳои пешниҳодшуда зарур бошад ва ё агар гузаронидани экспертизаи иловагӣ ё такрорӣ зарур бошад, суди иқтисодӣ экспертизаро бо ташаббуси худ таъин мекунад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
2. Суди иқтисодӣ доира ва мазмуни масъалаҳоеро, ки аз рӯи онҳо бояд экспертиза гузаронида шавад, муайян менамояд. Шахсони иштироккунандаи парванда ҳуқуқ доранд ба суди иқтисодӣ масъалаҳое пешниҳод кунанд, ки онҳо бояд ҳангоми гузаронидани экспертиза тавзеҳ дода шаванд. Рад кардани масъалаҳои аз ҷониби шахсони иштироккунандаи парванда пешниҳодшударо суди иқтисодӣ бояд асоснок намояд.
3. Шахсони иштироккунандаи парванда ҳуқуқ доранд дархост намоянд, ки аз ҷумлаи шахсони зикрнамудаи онҳо экспертҳо ҷалб карда шаванд ё экспертиза дар муассисаи экспертии мушаххас гузаронида шавад, дар бораи рад намудани эксперт арз намоянд, ба таъинот дар бораи таъин кардани экспертиза ворид кардани масъалаҳои иловагиро дархост намоянд; ба эксперт баёнот диҳанд; бо хулосаи эксперт ё хабари имконнопазир будани пешниҳоди хулоса шинос шаванд, дар хусуси гузаронидани экспертизаи иловагӣ ё такрорӣ дархост намоянд.
4. Дар бораи таъин намудани экспертиза ё дар хусуси рад кардани дархост дар бораи таъини экспертиза суди иқтисодӣ таъинот мебарорад.
5. Дар таъинот дар бораи таъин кардани экспертиза асоси таъин кардани экспертиза, насаб, ном ва номи падари эксперт ё номи муассисаи экспертие, ки дар он бояд экспертиза гузаронида шавад, масъалаҳои дар назди эксперт гузошташуда, мавод ва ҳуҷҷатҳое, ки ба эксперт ирсол мегардад, насаб, ном ва номи падари тарафи пардохткунандаи музди экспертизаи давлатии судӣ, ки бо талаби он экспертиза гузаронида мешавад, мӯҳлате, ки дар давоми он экспертиза гузаронида, хулосаи он бояд ба суди иқтисодӣ пешниҳод карда шавад, дарҷ карда мешавад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776, аз 03.07.2012 № 869).
6. Дар таъинот ҳамчунин дарҷ мегардад, ки эксперт дар бораи ҷавобгарии ҷиноятӣ барои дидаю дониста пешниҳод кардани хулосаи бардурӯғ огоҳ карда мешавад.
7. Агар тараф аз иштирок дар гузаронидани экспертиза саркашӣ намояд ё ба гузаронидани он монеа шавад (ба экспертиза ҳозир нашавад, ба коршиносони судӣ ашёи барои таҳқиқ заруриро пешниҳод накунад) ва мутобиқи ҳолати парванда бе иштироки ин тараф гузаронидани экспертиза ғайриимкон бошад, дар ин сурат суд вобаста ба он, ки кадом тараф аз экспертиза саркашӣ мекунад, ба зиммаи ӯ ӯҳдадории исботи ҳолати баҳснокро вогузор менамояд (қонуни ҶТ  аз 02.04.2020 № 1687).
Моддаи 82. Тартиби гузаронидани экспертиза
1. Экспертизаро экспертҳои муассисаҳои давлатии экспертизаи судӣ бо супориши муассисаи давлатии экспертизаи судӣ ё дигар экспертон, аз ҷумлаи шахсоне, ки дорои дониши махсус мебошанд, тибқи қонун мегузаронанд. Гузаронидани экспертиза метавонад ба якчанд экспертҳо супорида шавад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
2. Шахсони иштироккунандаи парванда метавонанд ҳангоми гузаронидани экспертиза ҳозир бошанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки чунин ҳузур доштани онҳо кори мӯътадили экспертҳоро халалдор менамояд, лекин ба ҷараёни таҳқиқ ҳуқуқи дахолат карданро надоранд.
3. Ҳангоми аз ҷониби эксперт тартиб додани хулоса ва дар марҳилаи машварати экспертҳо ва таҳияи хулосаҳо, агар экспертизаи судиро комиссияи экспертҳо гузаронад, ҳузур доштани иштироккунандагони мурофиаи судии иқтисодӣ манъ аст (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
Моддаи 83. Экспертизаи комиссионӣ
1. Экспертизаи комиссионӣ дар ҳайати на камтар аз ду нафар экспертҳое, ки ихтисоси якхела доранд, гузаронда мешавад. Хусусияти комиссионӣ доштани экспертизаро суди иқтисодӣ муайян мекунад.
2. Агар фикри экспертҳо оид ба масъалаҳои бамиёнгузошташуда аз рӯи натиҷаҳои ба дастовардаи таҳқиқот ба ҳам мувофиқ бошад, онҳо (экспертҳо) хулосаи умумӣ тартиб медиҳанд. Дар ҳолати аз рӯи натиҷаҳои ба дастовардаи таҳқиқот ҷой доштани фикрҳои гуногун ҳар яке аз экспертҳои дар гузаронидани экспертиза иштироккарда оид ба масъалаҳои алоҳидаи баҳснок хулосаи алоҳида пешниҳод менамояд.
Моддаи 84. Экспертизаи комплексӣ
1. Экспертизаи комплексӣ дар ҳайати на камтар аз ду эксперти соҳаҳои ихтисоси мухталиф гузаронида мешавад.
2. Дар хулосаи экспертҳо дарҷ мегардад, ки ҳар як эксперт кадом таҳқиқотҳоро дар кадом ҳаҷм гузаронид, кадом фактҳоро муқаррар кард ва ба чӣ хулоса омад. Ҳар як эксперти дар гузаронидани экспертизаи комплексӣ иштироккарда ҳамон қисми хулосаро имзо мегузорад, ки дар он таҳқиқотҳои гузаронидаи ӯ сабт шудаанд ва барои он масъулиятдор мебошад.
3. Хулосаи умумиро экспертҳои салоҳиятнок дар баҳодиҳии натиҷаҳои бадастоварда ва таҳияи хулосаи мазкур ҷамъбаст менамоянд. Дар ҳолати пайдо шудани норозигӣ байни экспертҳо натиҷаи таҳқиқот тибқи қисми 2 моддаи 83 Кодекси мазкур ба расмият дароварда мешавад.
Моддаи 85. Хулосаи эксперт
1. Дар асоси таҳқиқоти гузаронидашуда ва ба инобат гирифтани натиҷаҳои он эксперт аз номи худаш ё комиссияи экспертҳо дар шакли хаттӣ хулоса пешниҳод намуда, онро имзо менамояд.
2. Дар хулосаи эксперт ё комиссияи экспертҳо бояд дарҷ гардад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776):
- вақт ва маҳалли гузаронидани экспертизаи судӣ;
- асоси гузаронидани экспертизаи судӣ;
- маълумот дар бораи муассисаи давлатии судии экспертӣ, дар бораи эксперт (насаб, ном ва номи падар, таҳсилот, ихтисос, собиқаи корӣ, унвони илмӣ ва дараҷаи илмӣ, мансаби ишғолкарда), ки ба онҳо гузаронидани экспертиза супорида шудааст (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869);
- навиштаҷот дар бораи тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ намудани эксперт дар бораи ҷавобгарии ҷиноятӣ барои дидаю дониста додани хулосаи бардурӯғ;
- масъалаҳои дар назди эксперт ё комиссияи экспертҳо гузошташуда;
- объектҳои таҳқиқот ва маводи парванда, ки ба эксперт барои гузаронидани экспертизаи судӣ супурда шудаанд;
- мазмун ва натиҷаи таҳқиқот бо инъикоси методҳои татбиқкарда;
- баҳодиҳии натиҷаи таҳқиқот, хулосаҳо аз рӯи масъалаҳои бамиёнгузошташуда ва асосноккунии онҳо;
- дигар маълумотҳо тибқи пешбининамудаи қонун.
3. Мавод ва ҳуҷҷатҳое, ки хулосаи эксперт ё комиссияи экспертҳоро инъикос мекунанд, ба хулоса замима мегарданд ва ҳамчун қисми таркибии он хизмат мекунанд.
4. Агар эксперт ҳангоми гузаронидани экспертиза ҳолатҳоеро муқаррар кунад, ки барои парванда аҳамият доранд ва оид ба онҳо дар назди ӯ масъала гузошта нашудааст, ҳуқуқ дорад натиҷаҳои ин ҳолатҳоро дар хулосаи худ дарҷ намояд.
5. Хулосаи эксперт дар маҷлиси судӣ эълон карда мешавад ва дар баробари дигар далелҳо таҳқиқ мегардад.
6. Бо дархости шахси иштироккунандаи парванда ё бо ташаббуси суди иқтисодӣ эксперт метавонад ба маҷлиси судӣ даъват карда шавад.
7. Эксперт баъди эълон кардани хулоса ҳуқуқ дорад нисбати он шарҳи зарурӣ диҳад, ҳамчунин ӯҳдадор аст ба саволҳои иловагии шахсони иштироккунандаи парванда ва суд ҷавоб диҳад. Ҷавобҳои эксперт ба саволҳои иловагӣ дар протоколи маҷлиси судӣ дарҷ мегарданд.
Моддаи 86. Экспертизаи иловагӣ ва такрорӣ
1. Ҳангоми пурра саҳеҳ набудан ё пурра набудани хулосаи эксперт, ҳамчунин пайдо шудани масъала нисбати ҳолатҳои қаблан таҳқиқгардидаи парванда мумкин аст экспертизаи иловагӣ таъин карда шавад, ки гузаронидани он ба ҳамон ё дигар эксперт супорида мешавад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
2. Дар мавриди пайдо шудани шубҳа оид ба асоснокии хулосаи эксперт ё мавҷуд будани ихтилофот дар байни хулосаҳои эксперт ё комиссияи экспертҳо аз рӯи ҳамин масъалаҳо мумкин аст экспертизаи такрорӣ таъин карда шавад, ки гузаронидани он ба дигар эксперт ё дигар комиссияи экспертҳо супорида мешавад.
Моддаи 87. Нишондоди шоҳид
1. Суди иқтисодӣ бо дархости шахси иштироккунандаи парванда шоҳидро барои иштирок ба мурофиаи суди иқтисодӣ даъват менамояд. Шахсе, ки дар хусуси даъвати шоҳид дархост намудааст, бояд нишон диҳад, ки шоҳид кадом ҳолатҳои барои парванда аҳамиятдоштаро метавонад тасдиқ кунад ва маълумотро дар бораи он ба суди иқтисодӣ пешниҳод намояд.
2. Суди иқтисодӣ бо ташаббуси худ метавонад шахси дар тартиб додани ҳуҷҷате, ки онро суд ҳамчун далели хаттӣ таҳқиқ менамояд ё дар сохтан ё тағйир додани предмете, ки суд онро ҳамчун далели шайъӣ таҳқиқ менамояд, иштирок намудааст, ба сифати шоҳид даъват намояд.
3. Шоҳид маълумотҳои ба ӯ маълумбударо ба таври шифоҳӣ хабар медиҳад. Бо таклифи суди иқтисодӣ шоҳид нишондоди ба таври шифоҳӣ баёнкардаашро метавонад дар шакли хаттӣ дарҷ намояд. Нишондоди дар шакли хаттӣ ифодаёфта бо таъиноти суд ба парванда замима мегардад.
4. Маълумоте, ки шоҳид баён намудаасту аммо наметавонад манбаи дарёфти онро зикр кунад, далел ба ҳисоб намеравад.
Моддаи 88. Дигар ҳуҷҷатҳо ва маводҳо
1. Агар дигар ҳуҷҷату мавод дорои маълумот дар бораи ҳолатҳое бошанд, ки барои дуруст ҳал кардани парванда заруранд, онҳо ба сифати далелҳо истифода мешаванд.
2. Дигар ҳуҷҷату мавод метавонанд дорои маълумоте бошанд, ки ҳам ба таври хаттӣ ва ҳам дар дигар шакл сабт шудаанд. Ба онҳо маводи аксгирӣ ва навори кино, сабти аудио ва видео ва дигар дорандагони маълумот мисол шуда метавонанд, ки онҳо бо тартиби муқарраркардаи Кодекси мазкур гирифта, талаб карда ё пешниҳод шудаанд.
3. Ҳуҷҷатҳо ба маводи парванда ҳамроҳ карда, дар суди иқтисодӣ дар тамоми мӯҳлати нигоҳдории парванда нигоҳ дошта мешаванд. Бо дархости шахсе, ки ин ҳуҷҷатҳоро аз ӯ гирифта буданд, асл ё нусхаи онҳо метавонанд баргардонида шаванд.
БОБИ 8. ТАДБИРҲОИ ТАЪМИНОТИИ СУДИ ИҚТИСОДӢ
Моддаи 89. Асосҳои тадбирҳои таъминотӣ
1. Суди иқтисодӣ тибқи аризаи шахси иштироккунандаи парванда ва ё дар ҳолати пешбининамудаи Кодекси мазкур шахси дигар метавонад барои таъмини даъво ё манфиатҳои молу мулкии аризадиҳанда тадбирҳои фаврии муваққатӣ андешад (тадбирҳои таъминотӣ).
2. Агар қабул нашудани тадбирҳои таъминотӣ иҷрои санадҳои судиро душвор ва номумкин гардонад, хусусан агар иҷрои санади судӣ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шуда бошад ва ҳамчунин онҳо ба мақсади бартараф намудани зарари калоне, ки ба аризадиҳанда расонида шудааст, равона карда шуда бошанд, тадбирҳои таъминотӣ дар ҳама давраҳои мурофиаи судии иқтисодӣ истифода мешаванд.
3. Бо асосҳои пешбининамудаи қисми 2 ҳамин модда ва бо қоидаҳои ҳамин боб суди иқтисодӣ метавонад аз рӯи аризаи тарафи муҳокимаи ҳакамӣ дар маҳалли баррасии баҳс ё ин ки аз рӯи маҳалли ҷойгиршавӣ ва ё маҳалли истиқомати қарздор ё ин ки маҳалли ҷойгиршавии моли карздор тадбирҳои таъминотӣ андешад.
4. Ариза оид ба андешидани тадбирҳои таъминотие, ки ба суди иқтисодӣ аз тарафи шахсони дар қисми 3 ҳамин модда ва моддаи 98 ҳамин Кодекс зикршуда пешниҳод мегардад, бо пардохти боҷи давлатӣ ба андозае, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ" пешбинӣ кардааст, супорида мешавад.
Моддаи 90. Тадбирҳои таъминотӣ
Тадбирҳои таъминотӣ инҳо буда метавонанд:
- ҳабси маблағ ё дигар молу мулке, ки ба ҷавобгар мансубанду дар дасти ӯ ё шахсони дигар мебошанд;
- ба ҷавобгар ё шахсони дигар манъи содир намудани амалҳои муайяне, ки ба предмети баҳс дахл дорад;
- ба зиммаи ҷавобгар вогузор кардани ӯҳдадорӣ оид ба содир намудани амалҳои муайян бо мақсади пешгирии вайроншавӣ ва бад шудани ҳолати молу мулки баҳснок;
- ба даъвогар ё шахси дигар барои нигоҳдорӣ супоридани молу мулки баҳснок;
- боздоштани ситониш дар асоси варақаи иҷро ё дигар ҳуҷҷате, ки аз рӯи он бебаҳс (беаксепт) рӯёнида мешавад, ки даъвогар онро мавриди баҳс қарор додааст;
- боздоштани фурӯши молу мулки дар мавриди пешниҳод шудани даъво дар бораи аз ҳабс озод намудани молумулк.
2. Суди иқтисодӣ метавонад дигар тадбирҳои таъминотӣ, инчунин дар як вақт метавонад якчанд тадбирҳои таъминотиро татбиқ намояд.
3. Тадбирҳои таъминотӣ бояд ба андозаи талаботи арзшуда мутобиқат кунанд.
Моддаи 91. Ариза доир ба тадбирҳои таъминотӣ
1. Ба суди иқтисодӣ ариза оид ба тадбирҳои таъминотӣ дар як вақт бо аризаи даъвогӣ ва ё дар ҷараёни баррасии парванда то қабул намудани санади судие, ки бо он моҳиятан баррасии парванда ба анҷом мерасад, пешниҳод шуда метавонад. Дархост дар бораи тадбирҳои таъминотӣ метавонад дар аризаи даъвогӣ дарҷ ёбад. Ариза доир ба тадбирҳои таъминотӣ мумкин аст дар шакли электронӣ бо имзои электронии рақамии бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда бо ҷойгир намудани он дар сомонаи судҳои иқтисодӣ ба суди иқтисодӣ пешниҳод карда шавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1931).
2. Дар ариза оид ба тадбирҳои таъминотӣ бояд инҳо дарҷ ёбанд:
- номи суди иқтисодие, ки ба он ариза пешниход карда мешавад;
- номи даъвогар ва ҷавобгар, маҳалли ҷойгиршавӣ ё ин ки маҳалли зисти онҳо;
- предмети баҳс;
- андозаи талаботи молу мулкӣ;
- асоснок кардани сабаби муроҷиат бо ариза оид ба тадбирҳои таъминотӣ;
- тадбири таъминотие, ки даъвогар хоҳиши қабули онро намудааст;
- рӯйхати ҳуҷҷатҳои замимашуда.
3. Дар ариза оид ба тадбирҳои таъминотӣ инчунин метавонад таъминоти муқобил ва дигар маълумот, аз он ҷумла рақами телефонҳо, факсҳо, нишонии почтаи электронии шахсони иштироккунандаи парванда дарҷ ёбад. Ариза оид ба тадбирҳои таъминотиро шахси иштироккунандаи парванда ё ин ки намояндаи ӯ имзо менамояд.
4. Дар ҳолате, ки дархост оид ба тадбирҳои таъминотӣ дар аризаи даъвогӣ изҳор шуда бошад, дар ин дархост бояд маълумоте, ки дар сархатҳои панҷум ва шашуми қисми 2 ҳамин модда пешбинӣ шудааст, дарҷ ёбад.
5. Ба аризаи тарафи муҳокимаи ҳакамӣ оид ба тадбирҳои таъминотӣ нусхаи тасдиқгардидаи аризаи даъвогие, ки ба баррасии суди ҳакамӣ қабул шудааст ё ин ки нусхаи ба тариқи нотариалӣ тасдиқёфтаи чунин ариза ва нусхаи ба таври дахлдор тасдиқкардаи созишнома дар бораи муҳокимаи ҳакамӣ замима мегарданд.
6. Ба ариза оид ба тадбирҳои таъминотӣ ҳуҷҷате, ки супоридани боҷи давлатиро тасдиқ мекунад, замима мегардад.
Моддаи 92. Тартиби баррасии ариза оид ба тадбирҳои таъминотӣ
1. Ариза оид ба тадбирҳои таъминотиро суди иқтисодӣ ҳангоми омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ, вале на дертар аз рӯзи дигари воридшавии ариза ба суд баррасӣ менамояд. Ариза оид ба тадбирҳои таъминотӣ дар маҷлиси судӣ танҳо аз ҷониби судя баррасӣ мегардад.
2. Ариза оид ба тадбирҳои таъминотиро суди иқтисодӣ аз рӯи қоидаи моддаи 127 ҳамин Кодекс беҳаракат мемонад, агар он ба талаботи пешбиникардаи моддаи 91 ҳамин Кодекс мувофиқат накунад ва шахси аризадиҳандаро дар ин бора огоҳ менамояд. Пас аз бартараф намудани камбудиҳои нишондодаи суд, аризаи оид ба тадбирҳои таъминотиро суди иқтисодӣ аз рӯи тартиби дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда баррасӣ менамояд.
3. Агар асосҳои дар моддаи 89 Кодекси мазкур пешбинигардида мавҷуд набошанд, ариза оид ба тадбирҳои таъминотӣ метавонад рад карда шавад.
4. Суди иқтисодӣ аз рӯи натиҷаи баррасии ариза оид ба тадбирҳои таъминотӣ доир ба қонеъ гардондани ариза ва ё рад намудани он таъинот мебарорад.
5. Нусхаҳои таъинот оид ба тадбирҳои таъминотӣ дар рӯзи дигари бароварда шудани он ба шахсони иштироккунандаи парванда, дигар шахсоне, ки суди иқтисодӣ ба зиммаи онҳо ӯҳдадории иҷрои тадбирҳои таъминотиро гузоштааст, фиристода мешавад. Бо ҳамин тартиб таъиноти мазкур вобаста ба намуди тадбирҳои қабулкарда ба мақомоти давлатӣ, дигар мақомоте, ки молу мулк ва ё ҳуқуқ ба онро ба қайди давлатӣ мегиранд, фиристода мешавад. Нусхаи таъинот оид ба рад намудани тадбирҳои таъминотӣ ба шахси бо ариза оид ба тадбирҳои таъминотӣ муроҷиаткарда фиристода мешавад.
6. Аз таъиноти суди иқтисодӣ оид ба тадбирҳои таъминотӣ ё ин ки оид ба рад намудани тадбирҳои таъминотӣ шикоят овардан мумкин аст. Шикоят овардан аз болои таъиноти мазкур иҷрои онро бознамедорад.
Моддаи 93. Таъминоти муқобил
1. Суди иқтисодӣ тадбирҳои таъминотиро иҷозат дода, аз рӯи дархости ҷавобгар метавонад аз шахси аризадода иҷрои тадбирҳои таъминотиро талаб намояд ё бо ташаббуси худаш ба ӯ таклиф намояд, ки таъминоти пардохти зарари эҳтимолии барои ҷавобгар пайдошавандаро пешниҳод намояд (таъминоти муқобил). Таъминоти муқобил бо усули ба ҳисоби депозити суд гузоштани маблағ дар ҳаҷме, ки суд таклиф кардааст ё ин ки пешниҳод намудани кафолати бонкӣ, замонат ва ё дигар таъминоти молиявӣ ба ҳамон маблағ амалӣ мегардад. Ҳаҷми таъминоти муқобил метавонад дар ҳудуди молу мулки талабкардаи даъвогар, ки дар аризаи ӯ зикр шудааст, инчунин аз ин талабот миқдори фоиз муайян карда шавад. Ҳаҷми таъминоти муқобил набояд камтар аз нисфи ҳаҷми талаботи молу мулкӣ бошад.
2. Таъминоти муқобилро инчунин ҷавобгар ба ивази тадбирҳо метавонад аз рӯи тадбирҳои таъминот дар бораи рӯёнидани маблағ бо усули ба ҳисоби депозитии суди иқтисодӣ ворид намудани маблағ ба андозаи талабкардаи даъвогар пешниҳод намояд.
3. Дар бораи таъминоти муқобил суди иқтисодӣ дар рӯзи дигари ворид гаштани ариза оид ба тадбирҳои таъминотӣ таъинот мебарорад. Дар таъинот андозаи таъминоти мукобил ва мӯҳлати пешниҳоди он, ки на зиёда аз бист рӯзи баровардани таъинотро дар бар мегирад, дарҷ мегардад. Нусхаи таъинот ба шахсони иштироккунандаи парванда дар рӯзи дигари баровардани таъинот фиристода мешавад. Аз болои таъиноти таъминоти муқобил шикоят овардан мумкин аст.
4. Дар мавриди баровардани таъинот оид ба таъминоти муқобил суди иқтисодӣ аризаи оид ба тадбири таъминотро то ба суди иқтисодӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷате, ки ба анҷом додани таъминоти муқобил шаҳодат медиҳад, баррасӣ намекунад.
5. Ҳангоми ба суди иқтисодӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷате, ки аз анҷом додани таъминоти муқобил шаҳодат медиҳад ё аз рӯи дар таъиноти номбурдаи суд гузаштани мӯҳлати пешниҳоди он суди иқтисодӣ дар рӯзи дигари воридоти чунин ҳуҷҷат аризаро оид ба тадбирҳои таъминот бо тартибе, ки дар моддаи 92 ҳамин Кодекс муайян шудааст, баррасӣ мекунад.
6. Дар мӯҳлати дар таъинот муайяншуда таъиноти суди иқтисодиро дар бораи таъминоти муқобил иҷро накардани шахсе, ки дар бораи тадбирҳои таъминотӣ дархост намудааст, барои рад кардани тадбирҳои таъминотӣ асос шуда метавонад.
7. Аз ҷониби ҷавобгар пешниҳод намудани ҳуҷҷате, ки ба анҷом додани таъминоти муқобил шаҳодат медиҳад, барои баровардани таъинот дар бораи рад ё бекор кардани тадбирҳои таъминотӣ асос мебошад.
Моддаи 94. Иваз кардани як тадбири таъминотӣ бо дигар намуди он
1. Аз рӯи дархости даъвогар ва ё ҷавобгар иваз намудани як тадбири таъминотӣ бо дигараш имконпазир аст.
2. Масъалаи иваз намудани як тадбири таъминотиро бо дигар суди иқтисодӣ дар маҷлиси судӣ дар рӯзи дигари ба суд ворид шудани дархост дар бораи иваз намудани як тадбири таъминотӣ бо дигар аз рӯи қоидаи дар ҳамин Кодекс пешбинишуда ҳал менамояд.
Моддаи 95. Иҷрои таъиноти суди иқтисодӣ дар бораи тадбирҳои таъминотӣ
1. Таъиноти суди иқтисодӣ дар бораи тадбирҳои таъминотӣ фавран бо тартибе, ки барои иҷрои санадҳои судии суди иқтисодӣ муайян шудааст, ба иҷро расонида мешавад. Дар асоси таъинот дар бораи тадбирҳои таъминотӣ варақаи иҷро дода мешавад. Шахсе, ки аз рӯи аризаи ӯ таъинот дар бораи тадбирҳои таъминотӣ қабул шудааст, ӯҳдадор аст таъинотро ба ҳамаи шахсони манфиатдори ба ӯ маълум, аз ҷумла бо роҳи ба қайд гирифтани огоҳинома дар Феҳристи ягонаи давлатии ӯҳдадориҳои таъминшуда расонад. Маълумот оид ба тағйир ё бекор кардани тадбирҳои таъминотӣ ба ҳамаи шахсони манфиатдор бо тартиби муайяншуда расонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1560).
2. Барои иҷро накардани таъинот дар бораи тадбирҳои таъминотӣ нисбати шахсе, ки суд ба ӯ ӯҳдадории иҷрои тадбирҳои таъминотиро вогузоштааст, метавонад ҷаримаи судӣ бо тартибе, ки дар боби 11 ҳамин Кодекс муайян шудааст, татбиқ карда шавад.
3. Агар ҳангоми иҷрои таъиноти суди иқтисодӣ дар бораи тадбирҳои таъминотӣ бо усули ҳабс кардани маблағ ва ё молумулки дигар, ки ба ҷавобгар тааллуқ дорад ва ҷавобгар таъминоти муқобилро бо тарзи ба ҳисоби депозити суд ворид намудани маблағ дар ҳаҷми талабкардаи даъвогар ё ин ки кафолати бонкӣ, замонат ва ё дигар таъминоти молиявиро ба ҳамон микдор пешниҳод карда бошад, ӯ ҳуқуқ дорад ба суди иқтисодии баррасикунандаи парванда бо дархост дар бораи бекор кардани тадбирҳои таъминотие, ки мувофиқи моддаи 92 ҳамин Кодекс баррасӣ мешавад, муроҷиат кунад.
4. Дар ҳолати конеъ гардондани даъво тадбирҳои таъминотӣ амали худро то воқеан иҷро шудани санади судие, ки бо он баррасии парванда анҷом ёфтааст, нигоҳ медорад.
5. Дар мавриди рад намудани даъво, бе баррасӣ мондани даъво, қатъ кардани истеҳсолоти парванда тадбирҳои таъминотӣ то эътибори қонунӣ пайдо кардани санади дахлдори судӣ амал мекунанд. Пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани санади судӣ, суди иқтисодӣ аз рӯи дархости шахси иштироккунандаи парванда таъинотро дар бораи бекор намудани тадбирҳои таъминотӣ қабул менамояд ва ё дар ин бора дар санадҳои судӣ оид ба рад намудани даъво, баррасӣ нашудани даъво, қатъ кардани истеҳсолоти парванда дарҷ мекунад. Дар ин ҳолатҳо, дар санади судии қабулшуда бояд дар бораи баргардондани маблағе, ки ба таъминоти муқобил барои даъвогар ба ҳисоби депозити суд ворид шудааст, нишондод дарҷ гардад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
6. Баҳс дар бораи рӯёндани зараре, ки аз иҷро накардани таъиноти суди иқтисодӣ оид ба тадбирҳои таъминотӣ расидааст, дар ҳамон суди иқтисодӣ баррасӣ мегардад.
Моддаи 96. Тадбирҳои таъминотии даъворо бекор кардани суди иқтисодӣ
1. Суди иқтисодие, ки парвандаро баррасӣ менамояд, тадбирҳои таъминотиро бо дархости шахси иштироккунандаи парванда метавонад бекор кунад.
2. Масъала дар хусуси бекор кардани тадбирҳои таъминотии даъво дар маҷлиси судӣ дар мӯҳлати панҷ рӯзи ворид гаштани ариза ба суди иқтисодӣ бо тартиби пешбининамудаи моддаи 92 ҳамин Кодекс ҳал мегардад.
3. Дар мавриди аз ҷониби ҷавобгар пешниҳод кардани ҳуҷҷате, ки ба ҷо овардани таъминоти муқобилро тасдиқ мекунад, масъалаи бекор кардани тадбирҳои таъминотии даъворо суди иқтисодӣ дар рӯзи дигари пешниҳоди ҳуҷҷати зикргардида баррасӣ менамояд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
4. Аз рӯи натиҷаи баррасии дархост доир ба бекор намудани тадбирҳои таъминотӣ таъинот бароварда мешавад.
Нусхаҳои таъинот ба шахсони иштироккунандаи парванда дар рӯзи дигари баровардани он фиристода мешавад. Нусхаҳои таъинот оид ба тадбирҳои таъминотӣ вобаста ба намуди тадбирҳои қабулшуда ба мақомоти давлатӣ, дигар мақомоте, ки молумулк ё ҳуқуқ ба онро ба қайди давлатӣ мегиранд, фиристода мешавад.
5. Аз таъиноти суди иқтисодӣ доир ба бекор кардани тадбирҳои таъминотӣ ва аз рад намудани бекор кардани таъминоти даъво шикоят овардан мумкин аст.
6. Рад намудани бекор кардани тадбирҳои таъминотӣ ба такроран муроҷиат намудан бо чунин дархост, дар мавриди пайдо шудани ҳолатҳои наве, ки зарурати бекор кардани тадбирҳои таъминотиро асоснок мекунад, монеъ шуда наметавонад.
Моддаи 97. Товони зиёне, ки бо тадбирҳои таъминотӣ расонида шудааст
Ҷавобгар ва шахсони дигаре, ки ба онҳо бо тадбирҳои таъминотӣ зиён расидааст, пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани санади судии суди иқтисодӣ дар бораи рад кардани қонеъ гардонидани даъво ҳуқуқ доранд аз шахсе, ки бо дархост доир ба тадбирҳои таъминотӣ муроҷиат кардааст, додани товони зиёнро бо роҳи пешниҳод намудани даъво талаб кунанд.
Моддаи 98. Тадбирҳои таъминотии пешакӣ
1. То пешниҳоди даъво суди иқтисодӣ аз рӯи аризаи шахс ҳуқуқ дорад тадбирҳои таъминотии пешакиро, ки ба манфиати молу мулкии аризадиҳанда равона шудааст, татбиқ намояд. Ариза доир ба тадбирҳои таъминотии пешакӣ мумкин аст дар шакли электронӣ бо имзои электронии рақамии бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда бо ҷойгир намудани он дар сомонаи судҳои иқтисодӣ ба суди иқтисодӣ пешниҳод карда шавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1931).
2. Суди иқтисодӣ тадбирҳои таъминотии пешакиро аз рӯи қоидаҳое, ки дар ҳамин боб пешбинӣ шудааст, бо хусусиятҳое, ки дар ҳамин модда муқаррар шудаанд, қабул мекунад.
3. Ба суди иқтисодӣ аризаи оид ба тадбирҳои таъминотии пешакӣ аз рӯи маҳалли ҷойгиршавии ҷавобгар ё ин ки аз рӯи маҳалли мавҷудияти маблағ ё дигар молу мулке, ки нисбати онҳо аризадиҳанда қабули таъминоти молумулкиро ба манфиати худ дархост кардааст ё ин ки аз рӯи маҳалле, ки дар он ҷо ҳуқуқи аризадиҳанда вайрон гардидааст, пешниҳод карда мешавад.
4. Ҳангоми пешниҳоди аризаи оид ба тадбирҳои таъминотии пешакӣ аризадиҳанда ба суди иқтисодӣ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ба ҷо овардани таъминоти муқобилро ба андозаи дар аризаи таъминоти манфиати молумулкӣ нишондода пешниҳод мекунад. Дар мавриди пешниҳод накардани ҳуҷҷати зикргардида суди иқтисодӣ ҳуқуқ дорад ба аризадиҳанда таклиф намояд, ки таъминоти муқобилро мувофиқи моддаи 93 ҳамин Кодекс пешниҳод кунад ва аризаи тадбирҳои таъминотии пешакиро аз рӯи қоидаи моддаи 127 ҳамин Кодекс то пешниҳод намудани ҳуҷҷате, ки анҷом додани таъминоти муқобилро тасдиқ мекунад, беҳаракат гузорад.
5. Дар бораи тадбирҳои таъминотии пешакӣ суди иқтисодӣ таъинот мебарорад. Дар таъинот мӯҳлати на зиёда аз бист рӯз аз рӯзи баровардани таъинот барои пешниҳод намудани аризаи даъвогӣ аз рӯи талаботе, ки вобаста ба он суд ҷиҳати таъминоти манфиатҳои молумулкии аризадиҳанда чора андешидааст, муқаррар карда мешавад.
6. Қарздор аз рӯи талаботе, ки вобаста ба он суди иқтисодӣ тадбирҳои таъминотии пешакӣ қабул кардааст, метавонад ба суд мувофиқи қисми 2 моддаи 93 ҳамин Кодекс дар бораи иваз намудани ин тадбир бо таъминоти муқобил дархост намояд.
7. Аризадиҳанда аризаи даъвогиро ба суди иқтисодие, ки оид ба тадбирҳои таъминотии пешакӣ таъинот баровардааст ё ба дигар суд аз рӯи қоидаҳои тобеияти идоравӣ ва тобеияти судие, ки дар ҳамин Кодекс муайян кардашудааст, пешниҳод менамояд ва дар ин бора аризадиҳанда ба суди иқтисодие, ки таъиноти мазкурро баровардааст, хабар мерасонад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1539).
8. Агар аризадиҳанда аризаи даъвогиро дар мӯҳлати дар таъиноти суди иқтисодӣ оид ба тадбирҳои таъминотии муқарраргардида пешниҳод накарда бошад, таъминот бо таъиноти ҳамон суди иқтисодӣ бекор карда мешавад. Нусхаҳои таъинот ба аризадиҳанда ва дигар шахсони манфиатдор рӯзи дигари баровардани таъинот фиристода мешавад.
9. Дар мавриди аз ҷониби аризадиҳанда пешниҳод намудани аризаи даъвогӣ аз рӯи талабот, ки вобаста ба он суди иқтисодӣ тадбирҳои таъминотии пешакии аризадиҳандаро қабул кардааст, ин тадбирҳо чун тадбирҳои таъминоти даъво амал мекунанд.
10. Ба шахсоне, ки бо тадбирҳои таъминотии пешакӣ то пешниҳоди даъво зиён оварда шудааст, метавонанд аз аризадиҳанда пардохти товони онро талаб кунанд, ба шарте, ки аризадиҳанда дар мӯҳлати муқарраркардаи суд аризаи даъвогиро аз рӯи талабот пешниҳод накарда бошад, ки вобаста ба он суди иқтисодӣ оид ба таъмини манфиатҳои молумулкии ӯ тадбирҳо қабул карда буд ё агар бо санади судии эътибори қонунӣ пайдокардаи суди иқтисодӣ даъво рад карда шуда бошад. Баҳсҳо дар бораи рӯёнидани зиён бо тарзи пешниҳод намудани даъво бо тартиби умумӣ баррасӣ мегарданд.
Моддаи 99. Таъмини иҷрои санадҳои судӣ
Қоидаҳо дар бораи тадбирҳои таъминотӣ, ки дар боби мазкур пешбинӣ шудаанд, ҳангоми таъмини иҷрои санадҳои судӣ татбиқ мегарданд.
БОБИ 9. ХАРОҶОТИ СУДӢ
Моддаи 100. Таркиби хароҷоти судӣ
Хароҷоти судӣ аз боҷи давлатӣ ва хароҷоти вобаста ба баррасии парванда дар суди иқтисодӣ иборат мебошад.
Моддаи 101. Пардохти боҷи давлатӣ
1. Барои пешниҳоди аризаҳои даъвогӣ, дигар аризаҳо ва шикоятҳо мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ" боҷи давлатӣ пардохт карда мешавад.
2. Ҳангоми зиёд шудани нархи талаботи даъво боҷи давлатӣ мувофиқи зиёд шудани нархи даъво пардохт мешавад. Ба ариза оид ба зиёд шудани нархи талаботи даъво ҳуҷҷати тасдиқкунанда дар бораи пардохти боҷи давлатӣ мувофиқи тартиб ва андозаи муқарраргардида замима мегардад. Ҳангоми пешниҳод накардани чунин ҳуҷҷат ариза оид ба зиёд шудани нархи талаботи даъво мувофиқи моддаи 128 Кодекси мазкур баргардонида мешавад.
3. Ҳангоми кам шудани нархи даъво боҷи давлатии пардохтшуда баргардонида намешавад.
Моддаи 102. Нархи даъво
1. Нархи даъво чунин муайян карда мешавад:
- аз рӯи даъвои ситонидани маблағ - бо назардошти маблағи ситонидашаванда;
- аз рӯи даъвои ғаириқобили иҷро донистани ҳуҷҷати воҷиби иҷро ё ҳуҷҷати дигар, ки аз рӯи он ситонидани маблағ бо дарназардошти маблағи мавриди баҳс қарордошта бебаҳс (беаксепт) ситонида мешавад;
- аз рӯи даъвои талаб карда гирифтани молу мулк бо дарназардошти арзиши молу мулки талаб карда гирифташаванда.
2. Ба нархи даъво маблағи ноустуворона (ҷарима, пеня) ва фоизҳое, ки дар аризаи даъвогӣ нишон дода шудаанд, дохил мешаванд.
3. Нархи даъво, ки аз якчанд талаботи мустақил иборат аст, бо маблағи умумии талабот муайян карда мешавад.
4. Барои аризаҳои даъвогӣ, ки дар як вақт талаботи дорои мазмуни молу мулкӣ ва ғайримолумулкӣ мебошанд, боҷи давлатӣ, ки барои аризаҳои даъвогии молумулкӣ ва ғайримолумулкӣ муқаррар карда шудааст, якбора пардохт карда мешавад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
5. Оид ба аризаҳои даъвогӣ дар бораи эътирофи ҳуқуқ, аз ҷумла ҳуқуқи моликият, ҳуқуқи истифодабарӣ, ҳуқуқи соҳибӣ кардан ва ҳуқуқи ихтиёрдорӣ боҷи давлатӣ дар ҳаҷми барои аризаҳои даъвогии ғайримолумулкӣ муқарраргардида пардохт карда мешавад.
6. Нархи даъво аз ҷониби аризадиҳанда нишон дода мешавад. Дар сурати нархи даъворо нодуруст нишон додани аризадиҳанда онро суди иқтисодӣ муайян мекунад.
Моддаи 103. Баргардонидани боҷи давлатӣ
Боҷи давлатӣ дар ҳолатҳо ва тартиби дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ" пешбинӣ кардашуда баргардонида мешавад.
Моддаи 104. Имтиёзҳо оид ба пардохти боҷи давлатӣ
Имтиёзҳо оид ба пардохти боҷи давлатӣ дар ҳолат ва тартибе, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ" пешбинӣ намудааст, муайян карда мешавад.
Моддаи 105. Хароҷоти судӣ
Ба хароҷоти судӣ вобаста ба баррасии парванда дар суди иқтисодӣ маблағе, ки бояд ба шоҳидон, экспертҳо, тарҷумонҳо, пардохт карда шавад хароҷоти азназаргузарони дар маҳал, хароҷоти пардохти хизматрасонии адвокатҳо ва дигар хароҷоти кардаи шахсони иштироккунандаи парванда, хароҷоти вобаста ба баррасии парванда дар суди иқтисодӣ ва инчунин вобаста ба иҷрои санади судӣ дохил мешаванд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776, аз 23.11.2015 № 1233).
Моддаи 106. Маблағе, ки бояд ба экспертҳо, шоҳидон ва тарҷумонҳо пардохт карда шавад
1. Ба экспертҳо, шоҳидон ва тарҷумонҳо харҷи вобаста ба ҳозир шудан ба суд, роҳкиро, иҷораи хонаи истиқоматӣ, инчунин пардохти харҷи шабонарузӣ ҷуброн карда мешавад.
2. Ба экспертҳо барои корҳое, ки онҳо тибқи супориши суди иқтисодӣ анҷом додаанд, ба шарте, ки ин кор ба доираи фаъолияти хизматии онҳо ҳамчун корманди муассисаи давлатии судии экспертӣ дохил нашавад, ҳаққи хизмат дода мешавад. Андозаи ҳаққи хизмати экспертро суд бо розигии шахсоне, ки дар парванда иштирок мекунанд ва бо розигии худи эксперт муайян мекунад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
3. Ҳаққи хизмати тарҷумон аз рӯи иҷрои коре, қи суди иқтисодӣ ба ӯ супоридааст, муайян карда мешавад. Андозаи ҳаққи хизмати тарҷумонро суд бо розигии тарҷумон муайян мекунад.
4. Ба шаҳрвандоне, ки кор мекунанд ва ба суди иқтисодӣ ҳамчун шоҳид даъват шудаанд, музди миёнаи меҳнаташон, дар ҷойи кори доимиашон пардохта мешавад. Ба шоҳидоне, ки муносибатҳои меҳнатӣ надоранд, барои машғулияти одатиашонро монда рафтанашон бо назардошти вақти воқеан сарфшуда ҳадди ақалли музди меҳнати дар он замон муқарраршуда пардохт карда мешавад.
Моддаи 107. Аз ҷониби тарафҳо пардохти маблағҳое, ки бояд ба шоҳидон ва экспертҳо дода шаванд
1. Маблағи ҳаққи хизмати шоҳидон ва экспертҳо ба суратҳисоби депозити суди иқтисодӣ аз ҷониби шахси бо дархост муроҷиатнамуда дар мӯҳлати муайяннамудаи суди иқтисодӣ гузаронида мешавад. Агар дархости зикргардида аз ҷониби ҳарду тараф пешниҳод шуда бошад, маблағ аз ҷониби ҳарду тараф ба суратҳисоби депозити суди иқтисодӣ ба андозаи баробар гузаронида мешавад.
2. Агар маблағи ҳаққи хизмати экспертон ва шоҳидон дар вақти муайяннамудаи суди иқтисодӣ ба суратҳисоби депозит гузаронида нашавад, суди иқтисодӣ ҳуқуқ дорад, ки дархостро дар бораи таъини экспертиза ва даъвати шоҳидон рад намуда, парвандаро дар асоси дигар далелҳое, ки аз ҷониби тарафҳо пешниҳод мешаванд, баррасӣ намояд ва ҳалнома қабул кунад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
Моддаи 108. Пардохти маблағ ба экспертҳо, шохидон ва тарҷумонҳо
1. Маблағ ба экспертҳо, шоҳидон ва тарҷумонҳо баъди иҷро кардани ӯҳдадориҳояшон пардохт карда мешавад.
2. Маблағ ба экспертҳо ва шоҳидон аз суратҳисоби депозити суди иқтисодӣ пардохт карда мешавад.
3. Пардохти ҳаққи хизмати тарҷумоне, ки аз ҷониби суди иқтисодӣ барои иштирок дар мурофиаи судии иқтисодӣ ҷалб карда шудааст, хароҷоти шабонарӯзӣ ва хароҷот бинобар ҳозир шудан ба суди иқтисодӣ, ҳамчунин ҳаққи хизмати экспертҳо, шоҳидон, ба шарте, ки эксперт бо ташаббуси суди иқтисодӣ таъин карда, шоҳид даъват шуда бошад, аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ пардохта мешавад.
4. Тартиби пардохти ҳаққи хизмати тарҷумон аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ ба ҷуброни хароҷоти пардохти хизмати тарҷумон, ки шахсони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд сарф кардаанд, дахл надорад, ба шарте, ки дар санадҳои байналмиллалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
Моддаи 109. Тақсими хароҷоти судӣ байни шахсони иштироккунандаи парванда
1. Хароҷоти судии иштироккунандагони парванда, ки ба манфиати онҳо санади судӣ қабул шудааст, аз ҷониби суди иқтисодӣ аз ҳисоби тарафи дигар рӯёнида мешавад. Дар мавриди қисман конеъ гардонидани даъво хароҷоти судӣ ба зиммаи иштироккунандагони парванда мутаносиб ба андозаи талаботи қонеъгардида гузошта мешавад. Дар мавриди қонеъ нагардонидани талаботи даъвои шахсони дар моддаҳои 51-52 Кодекси мазкур зикршуда ва дигар шахсон хароҷоти судӣ аз шахсе, ки ба манфиати ӯ даъво пешниҳод шудааст, рӯёнида мешавад.
2. Хароҷоти ҳаққи хизмати намояндаи шахсеро, ки ба манфиати ӯ санади судӣ қабул шудааст, суди иқтисодӣ аз ҳисоби шахси дигар ба андозаи қобили қабул мерӯёнад.
3. Аз супоридани боҷи давлатӣ, ки бо тартиби муқарраргардида даъвогар озод карда шудааст, аз ҷавобгар ба даромади буҷети давлатӣ мутаносиби андозаи талаботи даъвои қонеъгардида рӯёнида мешавад.
4. Суди иқтисодӣ хароҷоти судиро бо созиши шахсони иштироккунандаи парванда оид ба тақсим кардани хароҷоти судӣ мутобиқи ин созиш ба зиммаи онҳо мегузорад.
5. Хароҷоти судии шахсони иштироккунандаи парванда вобаста ба баррасӣ намудани шикояти кассатсионӣ ва назоратӣ мувофиқи қоидаҳои муқаррарнамудаи моддаи мазкур тақсим карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 937).
Моддаи 110. Вогузории хароҷоти суди ба зиммаи шахсе, ки аз ҳуқуқҳои мурофиавии худ суиистифода мекунад
1. Агар баҳс дар натиҷаи аз тарафи иштироккунандаи парванда вайрон кардани танзими иддао ё дигар тартиби танзими тосудии баҳс, ки дар қонун ё шартнома пешбинӣ гардидааст, пайдо шуда бошад, аз ҷумла мӯҳлати пешниҳоди ҷавоби иддао риоя нашуда, иддао сарфи назар карда шуда бошад, суди иқтисодӣ новобаста ба натиҷаи баррасии парванда хароҷоти судиро ба зиммаи ин шахс вомегузорад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
2. Суди иқтисодӣ ҳуқуқ дорад тамоми хароҷоти судии парвандаро ба зиммаи шахсе вогузорад, ки аз ҳуқукҳои мурофиавии худ суиистеъмол мекунад ё ин ки ӯҳдадориҳои мурофиавии худро иҷро намекунад, агар ин ба баргузор нагардидани маҷлиси судӣ, кашол ёфтани мурофиаи судӣ, монеъшавӣ ба баррасии парванда ва қабули санади қонунӣ ва асосноки судӣ оварда расонад.
Моддаи 111. Ҳалли масъалаҳо оид ба хароҷоти судӣ
Масъалаҳои тақсими хароҷоти судӣ, вогузории хароҷоти судӣ ба зиммаи шахсе, ки аз ҳуқуқҳои мурофиавии худ суиистеъмол мекунад ва дигар масъалаҳо оид ба хароҷоти судӣ аз ҷониби суди иқтисодӣ, ки парвандаро баррасӣ мекунад, дар санади судие, ки баррасии парвандаро моҳиятан анҷом медиҳад ва ба он метавонад шикоят оварда шавад, ҳал карда мешавад.
БОБИ 10. МӮҲЛАТҲОИ МУРОФИАВӢ
Моддаи 112. Муқаррар ва ҳисоб кардаии мӯҳлатҳои мурофиавӣ
1. Амалҳои мурофиавӣ дар мӯҳлатҳои муқарраркардаи Кодекси мазкур ё дигар қонунҳо анҷом меёбад ва агар мӯҳлати мурофиавӣ муқаррар нашуда бошад, он аз ҷониби суди иқтисодӣ таъин карда мешавад.
2. Мӯҳлатҳои анҷом додани амали мурофиавӣ бо санаи дақиқи тақвимӣ, зикри ҳодисае, ки бояд ҳатман фаро расад ё фосилаи вақте ки дар ҷараёни он амал бояд иҷро карда шавад, муайян мегардад.
3. Мӯҳлатҳои мурофиавӣ бо солҳо, моҳҳо ё рӯзҳо ҳисоб карда мешаванд. Ба мӯҳлатҳое, ки бо рӯзҳо ҳисоб карда мешаванд, рӯзҳои истироҳат (ғайрикорӣ) дохил намешаванд.
4. Ҷараёни мӯҳлати мурофиавии бо солҳо, моҳҳо ё рӯзҳо ҳисобкардашуда аз рӯзи дигари санаи тақвимӣ ё рӯзи фарорасии ҳодиса, ки бо он оғози мӯҳлати мурофиавӣ муайян гардидааст, шурӯъ мешавад.
Моддаи 113. Хотима ёфтани мӯҳлатҳои мурофиавӣ
1. Мӯҳлати мурофиавӣ, ки бо солҳо ба ҳисоб гирифта мешавад, дар моҳ ва санаи дахлдори охирини мӯҳлати сол хотима меёбад.
2. Мӯҳлати мурофиавӣ, ки бо моҳҳо ба ҳисоб гирифта мешавад, дар моҳ ва санаи мӯҳлати охирини моҳи дахлдор хотима меёбад. Агар хотимаи мӯҳлати бо моҳҳо ҳисобшуда ба моҳе рост ояд, дорои санаи дахлдор намебошад, пас мӯҳлат дар рӯзи охирини ин моҳ хотима меёбад.
3. Мӯҳлати мурофиавии бо рӯзҳо ҳисобшуда дар рӯзи охирини мӯҳлати муқарраргардида хотима меёбад.
4. Агар рӯзи охирини мӯҳлат ба рӯзи ғайрикорӣ рост ояд, рӯзи хотимаи мӯҳлат рӯзе ҳисоб меёбад, ки баъди ин рӯзи корӣ фаро мерасад.
5. Амали мурофиавӣ, ки барои иҷрои он мӯҳлат муқаррар шудааст, метавонад то соати бисту чори рӯзи охирини мӯҳлати муқарраршуда анҷом дода шавад.
6. Агар ариза, шикоят, дигар ҳуҷҷатҳо ё маблағ ба мақомоти алоқа супорида шуда бошанд, ба мақомот ё ин ки шахси ваколатдор супоридан ё арз кардан то соати бисту чори рӯзи охирини мӯҳлати мурофиавӣ анҷом дода шавад, мӯҳлат гузаронидашуда ба ҳисоб намеравад.
7. Агар амалиёти мурофиавӣ бевосита дар суди иқтисодӣ ё дигар ташкилот сурат гирад, пас мӯҳлат дар ҳамон соате хотима меёбад, ки мутобиқи қоидаҳои муқарраргардида дар ин суд ё ин ташкилот рӯзи корӣ ба охир мерасад ё амали дахлдор қатъ карда мешавад.
Моддаи 114. Оқибатҳои гузаронидани мӯҳлатҳои мурофиавӣ
1. Шахсоне, ки дар парванда иштирок мекунанд, ҳангоми гузаштани мӯҳлатҳои мурофиавӣ, ки Кодекси мазкур, дигар конунҳо ё суди иқтисодӣ муқаррар кардааст, ҳуқуқи анҷом додани амалҳои мурофиавиро надоранд.
2. Аризаҳо, шикоятҳо ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки баъди гузаштани мӯҳлати мурофиавӣ пешниҳод гардидаанд, агар барои барқарорсозӣ ё дароз кардани мӯҳлати гузаронидашуда дархост пешниҳод нагардида бошад, аз ҷониби суди иқтисодӣ бо таъиноти он баррасӣ нагардида, ба шахсоне, ки онҳоро пешниҳод кардаанд, баргардонида мешаванд.
Моддаи 115. Боздоштани мӯҳлатҳои мурофиавӣ
Ҷараёни ҳамаи мӯҳлатҳои мурофиавии ба хотиманарасида баробари боздоштани баррасии парванда боздошт карда мешавад. Аз рӯзи аз нав оғоз намудани баррасии он ҷараёни мӯҳлати мурофиавӣ идома меёбад.
Моддаи 116. Барқарор кардани мӯҳлатҳои мурофиавӣ
1. Мӯҳлати мурофиавии гузаронидашуда мумкин аст бо дархости шахси иштироккунандаи парванда барқарор карда шавад.
2. Суди иқтисодӣ мӯҳлатҳои мурофиавии гузаронидашударо дар он ҳолат барқарор мекунад, ки агар сабабҳои гузаронидани онро узрнок эътироф намояд.
3. Дархост дар бораи барқарор намудани мӯҳлати мурофиавии гузаронидашуда ба суде, ки дар он бояд амалиёти мурофиавӣ сурат гирад, пешниҳод гардида, дар мӯҳлати панҷ рӯзи баъди воридшавӣ ба суди иқтисодӣ дар маҷлиси судӣ баррасӣ карда мешавад. Шахсони иштироккунандаи парванда оид ба вақт ва маҳалли баргузории маҷлиси судӣ огоҳ карда мешаванд ва ҳозир нашудани онҳо барои баррасии дархост монеа шуда наметавонад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869).
4. Суди иқтисодӣ доир ба барқарор ё рад намудани барқароркунии мӯҳлати мурофиавӣ таъинот мебарорад.
 5. Дархост дар бораи барқарор намудани мӯҳлати мурофиавии гузаронидашуда дар давоми як моҳи пас аз бартараф намудани ҳолатҳое, ки боиси гузаронидани мӯҳлати мурофиавӣ гардида буданд, пешниҳод мегардад. Дархост дар бораи барқарор намудани мӯҳлати мурофиавии гузаронидашуда мумкин аст дар давоми то шаш моҳ аз лаҳзаи гузаронидани мӯҳлат пешниҳод карда шавад (қонуни ҶТ  аз 02.04.2020 № 1687).
6. Ҳангоми баррасии дархост дар бораи барқарор намудани мӯҳлати мурофиавии гузаронидашуда талаботи қисми 3 моддаи 69 Кодекси мазкур татбиқ намегарданд (қонуни ҶТ  аз 02.04.2020 № 1687) .
7. Агар суд мӯҳлати мурофиавии гузаронидашударо барқарор намояд, аз лаҳзаи супоридани таъинот дар хусуси барқарор намудани мӯҳлати мурофиавии гузаронидашуда дар давоми як моҳ ба шахсе, ки мӯҳлати муқаррарнамудаи қонунгузориро гузаронидааст, имконият фароҳам оварда мешавад, ки амалҳои мурофиавии мӯҳлаташон гузаштаро анҷом диҳад (қонуни ҶТ  аз 02.04.2020 № 1687).
8. Нусхаи таъинот ба шахсе, ки бо дархост муроҷиат кардааст, на дертар аз рӯзи минбаъдаи баровардани таъинот фиристода мешавад (қонуни ҶТ  аз 02.04.2020 № 1687).
9. Таъиноти суди иқтисодӣ дар бораи рад намудани барқароркунии мӯҳлати мурофиавии гузаронидашуда мумкин аст мавриди шикоят қарор гирад (қонуни ҶТ  аз 02.04.2020 № 1687).
Моддаи 117. Дароз кардани мӯҳлатҳои мурофиавӣ
1. Мӯҳлатҳои мурофиавии аз ҷониби суди иқтисодӣ таъингардида метавонад бо аризаи шахси иштироккунандаи парванда аз рӯи тартиби пешбиникардаи моддаи 116 Кодекси мазкур дароз карда шаванд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
2. Таъиноти суди иқтисодӣ доир ба рад намудани дарозкунии мӯҳлатҳои мурофиавии таъингардида метавонад мавриди шикоят қарор гирад.
БОБИ 11. ҶАРИМАҲОИ СУДӢ
Моддаи 118. Ҷаримабандии судӣ
1. Ҷаримабандии судӣ аз ҷониби суди иқтисодӣ дар ҳолатҳои пешбиникардаи Кодекси мазкур анҷом дода мешавад. Ҳаҷми ҷаримаи судӣ нисбати шаҳрвандон наметавонад аз даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, барои шахсони мансабдор - бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо, барои ташкилот - сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад.
2. Суди иқтисодӣ ҳуқуқ дорад нисбати шахсони иштироккунандаи парванда ва дигар шахсони дар толори маҷлиси судӣ ҳузурдошта барои зоҳир намудани беҳурматӣ нисбати суд ҷарима бандад. Ҷаримабандии судӣ барои зоҳир намудани беҳурматӣ нисбати суд дар он маврид анҷом дода мешавад, ки агар ин амал боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ нагардад.
3. Ҷаримаи судӣ, ки аз ҷониби суди иқтисодӣ нисбати шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, дигар мақомот ва ташкилотҳо татбиқ гаштааст, аз маблағҳои шахсии онҳо рӯёнида мешавад.
4. Ҷаримаи судӣ ба ҳисоби буҷети давлатӣ гузаронида мешавад.
Моддаи 119. Тартиби баррасии масъалаи ҷаримабандии судӣ
1. Масъалаи ҷаримабандии судӣ нисбати шахси дар маҷлиси судӣ ҳузурдошта дар ҳамон маҷлиси судии суди иқтисодӣ ҳалли худро меёбад.
2. Масъалаи ҷаримабандии судӣ нисбати шахсе, ки дар маҷлиси судӣ ҳузур надорад, дар дигар маҷлиси судии суди иқтисодӣ ҳал карда мешавад.
3. Шахсе, ки нисбати ӯ масъалаи ҷаримабандии суди баррасӣ мегардад, оид ба вақт ва маҳалли (ҷойи) маҷлиси судӣ бо нишондоди асосҳои гузаронидани маҷлиси судӣ хабардор карда мешавад. Сари вақт ҳозир нашудани шахси ба таври дахлдор хабардоркардашуда барои баррасии масъалаи ҷаримабандии судӣ дар маҷлиси судӣ монеъ шуда наметавонад.
4. Суди иқтисодӣ оид ба натиҷаҳои баррасии масъалаи ҷаримабандии судӣ таъинот мебарорад, ки нусхаи он ба шахсе, ки ҷаримабандӣ карда шудааст, дар мӯҳлати панҷ рӯзи баъди баровардани таъинот фиристонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 937).
5. Аз болои таъиноти судӣ аз тарафи шахсе, ки нисбаташ ҷарима татбиқ шудааст, дар мӯҳлати даҳ рӯз бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур мумкин аст шикояти хусусӣ оварда шавад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 937).
6. Додани шикоят аз рӯи таъинот оид ба ҷаримабандии судӣ боиси боздоштани иҷрои таъинот шуда наметавонад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 937).
БОБИ 12. ХАБАРНОМАИ СУДӢ
Моддаи 120. Хабарномаи судӣ
1. Шахсони иштироккунандаи парванда ва дигар иштироккунандагони мурофиаи судии иқтисодӣ аз ҷониби суди иқтисодӣ дар бораи қабули аризаи даъвогӣ (ариза) ба истеҳсолот ва оғоз намудани истеҳсолоти парванда, дар бораи вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ ё амали алоҳидаи мурофиавӣ бо роҳи ирсоли нусхаи санади судӣ бо тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур, на дертар аз панҷ рӯз то оғози маҷлиси судӣ ё гузаронидани амали алоҳидаи мурофиавӣ хабардор карда мешаванд, агар дар Кодекси мазкур тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад. Маълумот дар бораи қабули аризаи даъвогӣ (ариза) ба истеҳсолот, вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ ё амали алоҳидаи мурофиавӣ метавонад дар сомонаи расмии суди иқтисодӣ на дертар аз панҷ рӯз то оғози маҷлиси судӣ ё гузаронидани амали алоҳидаи мурофиавӣ ҷойгир карда шавад. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҷойгиркунии маълумот аз ҷониби суди иқтисодӣ дар сомонаи расмии суди иқтисодӣ, инчунин санаи ҷойгиркунии онҳо ба маводи парванда замима карда мешаванд.
2. Санади судӣ, ки бо он иштироккунандагони мурофиаи судии иқтисодӣ хабардор ё даъват карда мешаванд, бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:
- ном ва суроға, сомона, рақами телефон ва суроғаи почтаи электронии суди иқтисодӣ (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1931);
- вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ ё гузаронидани амали алоҳидаи мурофиавӣ;
- насаб, ном ва номи падари шахсони ба суд хабардоршуда ё даъватшуда;
- номи парванда, ки доир ба он хабардор ё даъваткунӣ ба амал бароварда мешавад, ҳамчунин ба ҳайси кӣ даъват шудани шахс;
- нишондод дар бораи он, ки шахси хабардоршаванда ё даъватшаванда кадом амалҳоро ва дар кадом мӯҳлат ҳуқуқ дорад ё ӯҳдадор аст иҷро кунад.
3. Дар ҳолатҳои таъхирнопазир суди иқтисодӣ метавонад ба воситаи телефонограмма, телеграмма, алоқаи факсимилӣ, почтаи электронӣ ё воситаҳои дигари алоқа шахсони иштироккунандаи парванда ва дигар иштироккунандагони мурофиаи судии иқтисодиро хабардор ё даъват намояд.
4. Суди иқтисодӣ хабарномаи судии унвонии шахси ҳуқуқиро ба маҳалли ҷойгиршавии шахси ҳуқуқӣ мефиристад. Агар даъво ба фаъолияти филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқӣ дахл дошта бошад, чунин хабарнома ба маҳалли ҷойгиршавии филиал ё намояндагӣ фиристонида мешавад. Маҳалли ҷойгиршавии шахси ҳуқуқӣ, филиал ё намояндагӣ дар асоси иқтибос аз феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ муайян карда мешавад.
5. Хабарномаи судии унвонии шахсони воқеӣ (соҳибкорони инфиродӣ) ба маҳалли зисти онҳо, ки дар иқтибос аз феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ зикр гардидааст, фиристонида мешавад. Дар сурати пешниҳод гардидани маълумот доир ба воситаҳои алоқаи шахсони иштироккунандаи парванда хабарномаи судӣ метавонад тавассути воситаҳои алоқаи мобилӣ фиристонида шавад.
6. Агар дар мурофиаи судӣ намояндаи шахси ҳуқуқӣ иштирок намояд, хабарномаи судӣ инчунин ба маҳалли истиқомати намоянда фиристонида мешавад.
7. Агар шахси иштироккунандаи парванда дар бораи ба суроғаи дигар фиристонидани хабарномаи судӣ дархост намуда бошад, суди иқтисодӣ хабарномаи судиро ба ин суроға мефиристад. Хабарномаи судӣ ба шахси иштироккунандаи парванда дар он ҳолат супоридашуда ба ҳисоб меравад, ки агар он ба суроғаи нишондодашуда расонда шуда бошад.
8. Шахсони хориҷӣ аз ҷониби суди иқтисодӣ оид ба қоидаҳои муқаррарнамудаи боби мазкур хабардор карда мешаванд, агар Кодекси мазкур ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошанд.
9. Шахсони иштироккунандаи парванда, пас аз гирифтани санади судӣ дар бораи қабули аризаи даъвогӣ ё ариза ба истеҳсолот ва оғоз намудани истеҳсолоти парванда, инчунин шахсоне, ки ба парванда дертар ворид шудаанд ё ҷалб шудаанд ва дигар шахсони иштироккунандаи парванда пас аз қабули санади судии якум оид ба парвандаи баррасишаванда ҳуқуқи мустақилона гирифтани маълумотро дар бораи ҳаракати парванда доранд.
10. Ба шахсони иштироккунандаи парванда таваккали ба вуҷуд омадани оқибатҳои ногувор дар натиҷаи наандешидани чораҳо барои гирифтани маълумот дар бораи ҳаракати парванда вогузор мегардад, агар суд дар бораи сари вақт огоҳ будани онҳо оид ба оғози мурофиа маълумот дошта бошад (қонуни ҶТ  аз 02.04.2020 № 1687).
Моддаи 121. Тартиби аз ҷониби суди иқтисодӣ фиристонидани нусхаи таъиноти судӣ
1. Нусхаи таъиноти судӣ аз ҷониби суди иқтисодӣ ба воситаи почта бо мактуби фармоишӣ ва бо огоҳ намудан дар бораи супоридан ё ин ки бо роҳи бевосита супоридан ба шахси қабулкунанда дар суди иқтисодӣ ё маҳалли ҷойгиршавии шахси қабулкунанда, дар ҳолатҳои таъхирнопазир бошад, ба воситаи телефонограмма, телеграмма, алоқаи факсимиле ё почтаи электронӣ ё ин ки бо истифода аз дигар воситаҳои алоқа фиристода мешавад. Агар суди иқтисодӣ далелҳои кофӣ дошта бошад, ки шахсони иштироккунандаи парванда ва иштироккунандагони дигари мурофиаи судӣ нусхаи таъиноти қабули аризаи даъвогӣ (ариза) ва оғоз кардани истеҳсолоти парванда, маълумот оид ба вақт ва маҳалли баргузории маҷлиси судии бори аввал бо парванда баргузоршударо гирифтаанд, санадҳои судие, ки бо онҳо вақт ва маҳалли маҷлисҳои судии минбаъда ё гузаронидани амалҳои мурофиавии алоҳида таъин мегарданд, ба шахсони номбурда, бо ҷойгир намудани ин санадҳои судӣ дар сомонаи судҳои иқтисодӣ бо тартибе, ки барои шахсони иштироккунандаи парванда ва шнтироккунандагони дигари мурофиаи судии иқтисодӣ дастрас бошад, ирсол карда мешаванд. Судҳои иқтисодӣ, инчунин шахсони номбурдаро оид ба маҷлисҳои судии минбаъда ва амалиёти мурофиавии алоҳида оид ба парванда ба воситаи ирсоли телефонограмма, телеграмма, алоқаи факсимилӣ ё почтаи электронӣ ва (ё) воситаҳои дигари алоқа хабардор менамоянд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776, аз 24.12.2022 № 1931).
2. Агар нусхаи таъиноти судӣ бевосита ба шахси гирандаи ҳуҷҷат ё ба намояндаи ӯ дар суди иқтисодӣ ё ин ки дар маҳалли ҷойгиршавӣ супорида шавад, супоридани нусхаи таъиноти судӣ бо гирифтани забонхат амалӣ карда мешавад.
3. Дар ҳолате, ки агар нусхаи таъиноти судӣ ба шахси гирандаи ҳуҷҷат ба воситаи телефонограмма, телеграмма, алоқаи факсимиле ё почтаи электронӣ ё ин ки бо истифодаи дигар воситаи алоқа фиристода шавад, дар нусхаи матни супоридашуда, ки дар суди иқтисодӣ мемонад, насаб, ном ва номи падари шахси супорандаи ин матн, сана ва вақти супоридани он, ҳамчунин насаб, ном ва номи падари шахсе, ки онро қабул кардааст, нишон дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869).
4. Агар шахси гирандаи ҳуҷҷат гирифтани нусхаи таъиноти судиро рад кунад, шахсе, ки онро бурда мерасонад ё месупорад, дар ин бора дар огоҳиномаи супоридан бояд қайд кунад ё дар нусхаи таъиноти судӣ, ки бояд ба суди иқтисодӣ баргардонида шавад, сабт намояд.
5. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дар бораи фиристонида шудани нусхаи таъиноти судӣ аз ҷониби суди иқтисодӣ ва аз тарафи шахси гирандаи ҳуҷҷат қабул кардани он, ки бо тартиби муқарраркардаи моддаи мазкур (огоҳинома дар бораи супоридан, забонхат, дигар ҳуҷҷатҳо) амалӣ мегардад, ба маводҳои парванда ҳамроҳ карда мешаванд.
Моддаи 122. Ба таври дахлдор хабардор намудан
(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1931)
1. Шахсони иштироккунандаи парванда ва иштироккунандагони дигари мурофиаи судии иқтисодӣ ба таври дахлдор хабардоршуда ба ҳисоб мераванд, агар то оғози маҷлиси судӣ ва (ё) гузаронидани амали мурофиавии алоҳида суд дар бораи аз ҷониби шахси қабулкунандаи ҳуҷҷат гирифтани нусхаи таъинот оид ба таъини маҷлиси пешакии судӣ ва муҳокимаи судӣ, ки ба онҳо бо тартиби пешбининамудаи ҳамин Кодекс ирсол шудааст, маълумот дошта бошад ё дар суд дар бораи аз ҷониби шахсони иштироккунандаи парванда ва иштироккунандагони дигари мурофиаи иқтисодӣ гирифтани маълумот оид ба мурофиаи судии таъиншуда далелҳои дигар мавҷуд бошанд.
2. Шахс ба таври дахлдор хабардоршуда ба ҳисоб меравад, агар хабарномаи судӣ ба ӯ шахсан ва (ё) ба шахси болиғи бо ин шаҳрванд якҷоя истиқоматкунанда бо гирифтани дастхат дар қисми хабарномае, ки бояд ба суд баргардонида шавад ва (ё) дар ҳуҷҷати дигар бо нишон додани сана, рӯз ва вақти супоридани он дода шуда бошад.
3. Хабарномаи судӣ ба шахси ҳуқуқӣ тавассути шахси барои қабули мукотибот ваколатдор супорида мешавад.
4. Шахсони иштироккунандаи парванда ва иштироккунандагони дигари мурофиаи судии иқтисодӣ аз ҷониби суди иқтисодӣ ба таври дахлдор хабардоршуда ба ҳисоб мераванд, агар:
- шахси қабулкунандаи ҳуҷҷат гирифтани хабарнома ва (ё) нусхаи санади судиро рад кардааст ва ин радкунӣ аз ҷониби ташкилоти алоқаи почта ё суди иқтисодӣ ба расмият дароварда шудааст;
- ба огоҳномаи ташкилоти алоқаи почта нигоҳ накарда, шахси қабулкунандаи ҳуҷҷат барои гирифтани нусхаи санади судии аз ҷониби суди иқтисодӣ бо тартиби муқарраркарда ирсолнамуда ҳозир нашуда бошад ва дар ин бора ташкилоти алоқаи почта суди иқтисодиро хабардор карда бошад;
- нусхаи санади судӣ бинобар ҳозир набудани шахси қабулкунандаи ҳуҷҷат дар суроғаи дарҷгардида супорида нашуда бошад ва ташкилоти алоқаи почта дар ин хусус суди иқтисодиро бо нишон додани сарчашмаи маълумоти мазкур огоҳ карда бошад;
- хабарномаи судӣ ба шахси ваколатдори филиал ва (ё) намояндагии шахси ҳуқуқӣ супорида шуда бошад;
- хабарномаи судӣ ба намояндаи ваколатдори шахси иштироккунандаи парванда супорида шуда бошад;
- дар бораи бо тартиби пешбининамудаи қисмҳои 2 ва 3 моддаи 121 ҳамин Кодекс супоридан ё ирсол гардидани хабарномаи судӣ далелҳои кофӣ мавҷуд бошанд;
- хабарномаи судӣ ба суроға, ҷойи истиқомат ва (ё) маҳалли ҷойгиршавии охирини барои суд маълуми ҷавобгар ирсол гардида бошад, дар сурати муайян набудани суроға, ҷойи истиқомат ва (ё) маҳалли ҷойгиршавии ҷавобгар (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1931).
Моддаи 123. Иваз шудани номи шахс, тағйирёбии суроға ҳангоми баррасии парванда
(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1931)
1. Шахсони иштироккунандаи парванда ӯҳдадоранд оид ба иваз шудани ном (номи шахси ҳуқуқӣ) суди иқтисодиро огоҳ намоянд. Дар ҳолати набудани чунин маълумот шахси иштироккунандаи парванда дар санади судӣ бо назардошти номи охирини барои суд маълуми ин шахс дарҷ карда мешавад.
2. Шахсони иштироккунандаи парванда ӯҳдадоранд оид ба тағйир ёфтани суроғаи худ ҳангоми баррасии парванда суди иқтисодиро огоҳ намоянд. Ҳангоми набудани чунин маълумот хабарномаи судӣ ва (ё) нусхаи санади суд ба суроғаи охирини барои суд маълум ирсол гардида, расонидашуда ба ҳисоб меравад, гарчанде шахси қабулкунандаи ҳуҷҷат дар ин суроға набошад ё истиқомат накунад.
3. Агар шахси иштироккунандаи парванда ба суди иқтисодӣ рақами телефон, факс, суроғаи почтаи электронӣ ё маълумоти дигари ба ин монандро расонида бошад, ин шахс бояд ба суди иқтисодӣ оид ба тағйирёбии онҳо дар давраи баррасии парванда хабар диҳад.
4. Суди иқтисодӣ маълумот оид ба тағйирёбии номи шахси иштироккунандаи парванда, суроғаи ҷойгиршавӣ, рақами телефон, факс, суроғаи почтаи электронӣ ва (ё) маълумоти дигари ба ин монандро дар таъинот ва (ё) протоколи маҷлиси судӣ сабт менамояд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1931).
БОБИ 12(1). ФАРМОН
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1560)
Моддаи 123(1). Фармон
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1560)
Суди марҳилаи якум дар асоси ариза оид ба рӯёнидани маблағҳои пулӣ ё талаб карда гирифтани молу мулки манқул аз қарздор тибқи талаботи пешбининамудаи моддаи 123(2) Кодекси мазкур фармон қабул менамояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1560).
Моддаи 123(2). Талаботе, ки дар асоси онҳо фармон қабул карда мешавад
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1560)
Фармон дар ҳолатҳои зерин қабул карда мешавад, агар талабот:
- ба аҳдҳои ба таври нотариалӣ тасдиқгардида асос ёфта бошад;
- ба аҳди дар шакли оддии хаттӣ басташуда асос ёфта бошад;
- ба эътирози содирнамудаи нотариус нисбат ба вексел оид ба напардохтан, аксепт ва санагузорӣ нашудани аксепт асос ёфта бошад;
- дар бораи хароҷот оид ба гузаронидани амалҳои иҷро арз шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1857);
- дар бораи ба кредитор додани молу мулки манқул, ки ба ӯ ба сифати таъмини иҷрои ӯҳдадориҳо пешниҳод шудааст, арз шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1560).
Моддаи 123(3). Пешниҳоди ариза дар бораи қабули фармон
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1560)
1. Ариза дар бораи қабули фармон тибқи қоидаҳои умумии тобеияти судии муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ба суд пешниҳод карда мешавад.
2. Барои пешниҳоди ариза дар бораи қабули фармон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ" дар ҳаҷми панҷоҳ фоизи андозае, ки барои аризаи даъвогӣ дар қонун пешбинӣ шудааст, боҷи давлатӣ муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1560).
Моддаи 123(4). Шакл ва мазмуни ариза дар бораи қабули фармон
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1560)
1. Ариза дар бораи қабули фармон ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашаванда мумкин аст ба суди иқтисодӣ дар шакли хаттӣ ва (ё) дар шакли электронӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзои электронии рақамии тасдиқшуда бо ҷойгир намудани онҳо дар сомонаи судҳои иқтисодӣ пешниҳод карда шавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1931).
2. Дар ариза бояд маълумоти зерин зикр гардад:
- номи суде, ки ба он ариза пешниҳод шудааст;
- ном (насаб, ном ва номи падар), маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии кредитор;
- ном (насаб, ном ва номи падар), маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии қарздор;
- талаботи кредитор ва ҳолатҳое, ки талабот ба онҳо асос ёфтааст;
- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи асоснокии талаботи кредитор;
- номгӯи ҳуҷҷатҳои ба ариза замимашуда.
3. Ҳангоми талаб кардани молу мулки манқул дар ариза бояд тасвири аломатҳои фарқкунандаи молу мулки талабшаванда, ки барои ҳаммонандкунии он кофӣ мебошад ва арзиши он зикр гардад.
4. Аризаро кредитор ё намояндаи ӯ, ки дорои ваколати дахлдор мебошад, имзо мегузорад. Ба аризаи пешниҳоднамудаи намоянда бояд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ваколати ӯ замима гардад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1560).
Моддаи 123(5). Асосҳо барои рад намудани қабул ва баргардонидани ариза дар бораи қабули фармон
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1560)
1. Судя мутобиқи асосҳои пешбининамудаи моддаҳои 1261 ва 128 Кодекси мазкур метавонад аризаро дар бораи қабули фармон баргардонад ё қабули онро рад намояд.
2. Судя инчунин дар ҳолатҳои зерин қабули аризаро метавонад рад намояд, агар:
- талабе пешниҳод шуда бошад, ки моддаи 1232 Кодекси мазкур пешбинӣ накарда бошад;
- маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии қарздор берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад;
- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи талаби пешниҳодшуда пешниҳод нагардида бошанд;
- аз ариза ва ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда муайян гардад, ки оид ба ҳуқуқ баҳс мавҷуд аст.
3. Судя дар хусуси рад намудани қабули ариза ё баргардонидани он дар давоми се рӯз аз рӯзи воридшавии ариза ба суд таъинот қабул карда, нусхаи онро дар мӯҳлати на дертар аз ду рӯз ба кредитор ирсол менамояд.
4. Кредитор нисбат ба таъинот дар бораи рад намудани қабули ариза оид ба қабули фармон ё баргардонидани он дар мӯҳлати даҳ рӯз аз рӯзи гирифтани нусхаи он метавонад шикояти хусусӣ пешниҳод намояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1560).
Моддаи 123(6). Беҳаракат монондани ариза дар бораи қабули фармон
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1560)
1. Судя, агар муайян намояд, ки ариза ба суд бе риояи талаботи қисми 2 моддаи 123(3) ва моддаи 123(4) Кодекси мазкур пешниҳод шудааст, дар хусуси беҳаракат монондани ариза таъинот қабул мекунад ва дар ин хусус шахси пешниҳоднамудаи аризаро огоҳ намуда, ба ӯ барои ислоҳи норасоиҳо панҷ рӯз мӯҳлат медиҳад.
2. Агар аризадиҳанда дар мӯҳлати муқарраршуда супориши судяро, ки дар таъинот номбар шудааст, иҷро кунад, ариза аз рӯзи пешниҳоди ибтидоии он ба суд пешниҳодшуда эътироф мегардад. Дар акси ҳол ариза пешниҳодшуда ба ҳисоб намеравад ва бо ҳамаи ҳуҷҷатҳои ба ариза замимагардида ба аризадиҳанда баргардонида мешавад.
3. Нисбат ба таъинот дар бораи беҳаракат монондани ариза дар мӯҳлати даҳ рӯз аз рӯзи гирифтани нусхаи таъинот кредитор метавонад шикояти хусусӣ пешниҳод намояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1560).
Моддаи 123(7). Тартиби қабули фармон
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1560)
1. Фармон оид ба моҳияти талаботи пешниҳодшуда дар мӯҳлати се рӯз аз рӯзи воридшавии ариза ба суд, дар сурати беҳаракат монондани ариза бошад, пас аз ислоҳи норасоиҳо дар ҳамин мӯҳлат қабул карда мешавад.
2. Фармон бе муҳокимаи судӣ ва бе даъвати тарафҳо барои шунидани баёноти онҳо қабул карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1560).
Моддаи 123(8). Муҳтавои фармон
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1560)
1. Дар фармон маълумоти зерин зикр мегардад:
- рақами парванда ва санаи қабули фармон;
- номи суд, насаб, ном ва номи падари судяе, ки фармон қабул кардааст;
- ном (насаб, ном ва номи падар), маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии кредитор;
- ном (насаб, ном ва номи падар), маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии қарздор;
- номи қонуне, ки дар асоси он талабот қонеъ гардонида мешавад;
- ҳаҷми маблағе, ки бояд рӯёнида шавад ё ишора ба молу мулки манқули талаб карда гирифташаванда, ки барои ҳаммонандкунии он кофӣ мебошад;
- ҳаҷми ноустуворона, агар рӯёнидани он мутобиқи қонун ё шартнома пешбинӣ шуда бошад;
- маблағи боҷи давлатие, ки бояд аз қарздор ба манфиати кредитор ё ба буҷети дахлдор рӯёнида шавад.
2. Фармон дар бланки расмӣ дар шакли аслӣ ва нусхаҳои он мутобиқ ба шумораи кредитор ва қарздорон тартиб дода шуда, ба он судя имзо мегузорад ва бо мӯҳри нишондори суд тасдиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1560).
Моддаи 123(9). Огоҳ намудани қарздор дар хусуси қабули фармон
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1560)
1. Судя фармонро на дертар аз як рӯз пас аз қабул кардани он ба қарздор мефиристад. Қарздор ҳуқуқ дорад дар мӯҳлати даҳ рӯз аз рӯзи гирифтани фармон оид ба он норозигии худро дар шакли хаттӣ ба суд пешниҳод кунад.
2. Аз рӯи фармонҳо дар бораи ба кредитор додани молу мулки манқуле, ки ҳамчун таъмини иҷрои ӯҳдадориҳо ба ӯ дода шудааст, судя на дертар аз як рӯз пас аз қабул кардани фармон ба қарздор онро барои иҷро мефиристад. Қарздор ҳуқуқ дорад дар мӯҳлати даҳ рӯз пас аз гирифтани фармон ба суд бо даъво оид ба мавриди баҳс қарор додани рӯёнидан муроҷиат намояд.
3. Ҳангоми дар мӯҳлати муқарраршуда бо даъво оид ба мавриди баҳс қарор додани рӯёнидан муроҷиат накардани қарздор, фармон дар бораи рӯёнидани молу мулки манқуле, ки ҳамчун таъмини иҷрои ӯҳдадориҳо ба ӯ дода шудааст, мавриди иҷрои фаврӣ қарор мегирад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1560).
Моддаи 123(10). Бекор кардани фармон
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1560)
1. Агар аз қарздор дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қисми 1 моддаи 1239 Кодекси мазкур норозигӣ оид ба фармон ворид гардад, судя фармонро бо қабули таъинот бекор мекунад.
2. Судя дар таъиноти бекор кардани фармон ба ситонанда ё кредитор тавзеҳ медиҳад, ки талаботи пешниҳодшуда мумкин аст тибқи тартиби мурофиаи даъвогӣ пешниҳод карда шавад.
3. Нусхаи таъинот оид ба бекор кардани фармон дар мӯҳлати на дертар аз се рӯзи баъди қабули он ба тарафҳо фиристода мешавад.
4. Фармон дар бораи ба кредитор додани молу мулки манқуле, ки ҳамчун таъмини иҷрои ӯҳдадориҳо ба ӯ дода шудааст, танҳо дар асоси муроҷиати қарздор ба суд бо даъво оид ба мавриди баҳс қарор додани рӯёнидан бекор карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1560).
Моддаи 123(11). Ба ситонанда ё кредитор супоридани фармон
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1560)
1. Агар дар мӯҳлати муқарраргардида аз қарздор ба суд норозигӣ ворид нагардад, судя ба ситонанда ё кредитор фармонро, ки бо мӯҳри нишондори суд тасдиқ гардидааст, ҷиҳати пешниҳод барои иҷро месупорад.
2. Ҳангоми аз қарздор ба манфиати буҷети дахлдор рӯёнидани боҷи давлатӣ дар асоси фармон варақаи иҷро дода мешавад, ки он бо мӯҳри нишондори суд тасдиқ гардида, аз тарафи суд барои иҷро дар ҳамин қисм ба иҷрочии мақомоти иҷро супорида мешавад (қонуни ҶТ аз 02.04.202 № 1687, аз 02.04.2020 № 1687).
3. Судя фармонро дар бораи ба кредитор додани молу мулки манқуле, ки ҳамчун таъмини иҷрои ӯҳдадориҳо ба ӯ дода шудааст, на дертар аз як рӯз пас аз қабул кардани он ба кредитор медиҳад. Фармон бо мӯҳри нишондори суд тасдиқ карда шуда, бо риояи қисми 3 моддаи 123(9) ҳамин Кодекс мавриди иҷрои фаврӣ қарор мегирад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1560).
ФАСЛИ II. ИСТЕҲСОЛОТ ДАР СУДИ ИҚТИСОДИИ МАРҲИЛАИ ЯКУМ. ИСТЕҲСОЛОТИ ДАЪВОГӢ
(Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776)
БОБИ 13. ПЕШНИҲОД НАМУДАНИ ДАЪВО
Моддаи 124. Шакл ва мазмуни аризаи даъвогӣ
1. Аризаи даъвогӣ ба суди иқтисодӣ дар шакли хаттӣ пешниҳод карда мешавад. Аризаи даъвогиро даъвогар ва ё намояндаи ӯ имзо менамоянд. Аризаи даъвогӣ инчунин мумкин аст ба судҳои иқтисодӣ дар шакли электронӣ бо имзои электронии рақамии тасдиқшуда бо ҷойгир намудани онҳо дар сомонаи судҳои иқтисодӣ пешниҳод карда шавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1931).
2. Ҳолатҳои зерин дар аризаи даъвогӣ бояд дарҷ гарданд:
- номи суди иқтисодие, ки ба он аризаи даъвогӣ пешниҳод карда мешавад;
- номи даъвогар, маҳалли ҷойгиршавии ӯ, агар даъвогар шаҳрванд бошад, маҳалли зист, ҷои кор ё сана ва маҳалли аз қайди давлатӣ гузаштани ӯ ҳамчун соҳибкори инфиродӣ, рақамҳои телефон, факс, суроғаи почтаи электронӣ (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1931);
- номи ҷавобгар, маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии он;
- талаботи даъвогар ба ҷавобгар бо истинод ба қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳангоми пешниҳоди даъво нисбати якчанд ҷавобгар бошад, талабот нисбати ҳар яки онҳо;
- ҳолатҳое, ки даъвогар талаботи худро асоснок месозад ва далелҳое, ки ин ҳолатҳоро тасдиқ мекунанд;
- нархи даъво, агар даъво арзиш дошта бошад;
- ҳисоби маблағи ситонидашаванда ё ин ки маблағи мавриди баҳс қароргирифта;
- маълумот дар бораи аз ҷониби даъвогар риоя намудани тартиби иддао ё тартиби дигари ҳалли пешазсудӣ, агар дар қонун ё шартнома пешбинӣ шуда бошад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776);
- маълумот дар бораи тадбирҳои таъминотие, ки суди иқтисодӣ то пешниҳод намудани даъво қабул намудааст ё дар мавриди зарурӣ дархост оид ба андешидани тадбирҳои таъминотӣ (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1539);
- номгӯи ҳуҷҷатҳои замимагардида.
3. Дар аризаи даъвогӣ инчунин маълумотҳои дигар, аз ҷумла рақами телефонҳо, факсҳо, суроғаҳои почтаи электронии даъвогар, намояндаи ӯ, ҷавобгар, агар онҳо барои сари вақт дуруст баррасӣ намудани парванда зарур бошанд, метавонанд дарҷ гарданд, аз ҷумла дархостҳо оид ба талаботи далелҳо аз ҷавобгар ва шахсони дигарро низ дар бар гирад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1539).
4. Даъвогар ӯҳдадор аст нусхаи аризаи даъвогӣ ва ҳуҷҷатҳои ба он замимагардидаро ба дигар шахсони иштироккунандаи парванда, ки онҳоро надоранд, бо мактуби фармоишӣ бо огоҳинома дар бораи супурдан равон кунад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
Моддаи 125. Ҳуҷҷатҳое, ки ба аризаи даъвогӣ замима карда мешаванд
Ба аризаи даъвогӣ ҳуҷҷатҳои зайл замима мегарданд:
- огоҳинома дар бораи супоридан ё дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ба дигар шахсони иштироккунандаи парванда равон карда шудаи нусхаҳои аризаи даъвогӣ ва ҳуҷҷатҳои ба он замимагашта, ки шахсони иштироккунандаи мурофиа онҳоро надоранд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776);
- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи супоридани боҷи давлатӣ бо тартиб ва андозаи муқарраршуда;
- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳолатҳое, ки даъвогар талаботи худро бо онҳо асоснок мекунад;
- нусхаи ҳуҷҷатҳое, ки бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ ё ин ки соҳибкори инфиродӣ буданро тасдиқ мекунад;
- ваколатнома ё ҳуҷҷати дигаре, ки ваколатро барои имзои аризаи даъвогӣ тасдиқ мекунанд;
- нусхаҳои таъиноти суди иқтисодӣ оид ба татбиқи тадбирҳои таъминкунанда то пешниҳоди даъво;
- ҳуҷҷатҳое, ки аз ҷониби даъвогар риоя намудани тартиби иддао ё тартиби дигари ҳалли пешазсудиро тасдиқ менамоянд, агар инро қонун ё шартнома пешбинӣ карда бошад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776);
- лоиҳаи шартнома, агар талабот дар бораи маҷбурӣ бастани шартнома арз шуда бошад.
Моддаи 126. Қабули аризаи даъвогӣ, оғоз кардани истеҳсолоти парванда ва омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ
(Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776)
1. Суди иқтисодӣ ӯҳдадор аст аризаи даъвогиро, ки бо риоя кардани талаботи Кодекси мазкур оид ба шакл ва мазмуни он пешниҳод шудааст, ба истеҳсолот қабул намояд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
2. Масъалаи ба истеҳсолоти суди иқтисодӣ қабул намудани аризаи даъвогӣ дар мӯҳлати панҷ рӯзи баъди ворид шудани аризаи даъвогӣ ба суди иқтисодӣ аз ҷониби судя танҳо ҳал карда мешавад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
3. Дар бораи кабули аризаи даъвогӣ судя таъинот мебарорад ва бо он истеҳсолоти парванда оғоз карда мешавад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
4. Дар таъинот оид ба омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ амале, ки шахсони иштироккунандаи парванда бояд анҷом диҳанд ва мӯҳлати иҷрои он, инчунин рақамҳои телефон, алоқаи факсимилӣ, сомона ва суроғаи почтаи электронии суди иқтисодӣ дарҷ мегардад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776, аз 24.12.2022 № 1931).
5. Нусхаи таъинот оид ба қабули аризаи даъвогӣ ба истеҳсолоти суди иқтисодӣ барои шахсони иштироккунандаи парванда на дертар аз рӯзи дигари рӯзи баровардани таъинот равон карда мешавад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
Моддаи 126(1). Рад намудани қабули аризаи даъвогӣ
(Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776)
1. Судя дар ҳолатҳои зерин қабули аризаи даъвогиро рад мекунад, агар:
- ариза наметавонад тибқи тартиби мурофиаи судии иқтисоди баррасӣ ва ҳал гардад, зеро он бояд тибқи тартиби суди дигар баррасӣ ва ҳал карда шавад;
- ариза ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии дигар шахс аз ҷониби мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахси ҳуқуқӣ ё шаҳрванде пешниҳод гардида бошад, ки мутобиқи ҳамин Кодекс ё дигар қонунҳо ба онҳо чунин ҳуқуқ дода нашудааст;
- ҳалномаи эътибори қонунӣ пайдонамудаи суд вобаста ба баҳси байни ҳамин тарафҳо аз рӯи ҳамин предмет, тибқи ҳамон асос ё таъинот дар хусуси қатъи истеҳсолоти парванда вобаста ба қабули аризаи даст кашидани даъвогар аз даъво ё тасдиқи созиши оштӣ мавҷуд бошад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1539);
- ҳалномаи эътибори қонунӣ пайдонамудаи суди ҳакамӣ вобаста ба баҳси байни ҳамин тарафҳо аз рӯи ҳамин предмет, тибқи ҳамин асос мавҷуд бошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар суд додани варақаи иҷроро барои иҷрои маҷбурии ҳалномаи суди ҳакамӣ рад карда бошад.
2. Дар хусуси рад намудани қабули аризаи даъвогӣ судя таъиноти асоснок қабул мекунад, ки он дар мӯҳлати на дертар аз панҷ рӯз баъд аз рӯзи ба суд ворид шудани аризаи даъвогӣ ба аризадиҳанда якҷоя бо ариза ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои замимагардида супорида ё фиристонида мешавад.
3. Баъд аз рад намудани қабули аризаи даъвогӣ аризадиҳанда наметавонад ба суд вобаста ба ҳамин баҳс, нисбат ба ҳамин ҷавобгар, оид ба ҳамин предмет ва тибқи ҳамин асосҳо такроран муроҷиат намояд.
4. Нисбат ба таъинот дар бораи рад намудани қабули аризаи даъвогӣ шикоят овардан мумкин аст (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
Моддаи 127. Беҳаракат монондани аризаи даъвогӣ
1. Судяи суди иқтисодӣ, агар муайян намояд, ки аризаи даъвогӣ ба суд бе риояи талаботи моддаҳои 124 ва 125 Кодекси мазкур пешниҳод шудааст, оид ба беҳаракат монондани ариза таъинот мебарорад ва дар ин хусус аризадиҳандаро огоҳ намуда, ба ӯ барои бартараф намудани камбудиҳо мӯҳлат медиҳад.
2. Нусхаи таъинот оид ба беҳаракат монондани аризаи даъвогӣ ба даъвогар на дертар аз рӯзи дигари рӯзи баровардани он равон карда мешавад.
3. Агар даъвогар дар мӯҳлати муайяншуда талаботи дар таъинот оид ба беҳаракат монондани аризаи даъвогиро иҷро кунад, аризаи даъвогӣ аз рӯзи якуми ба суд ворид гардиданаш дохилгардида ҳисоб меёбад. Дар акси ҳол ариза ба суд вориднагардида ҳисоб ёфта, ба даъвогар бо маводи замимашуда мутобиқи моддаи 128 Кодекси мазкур баргардонида мешавад.
4. Аз рӯи таъинот оид ба беҳаракат мондани аризаи даъвогӣ шикоят овардан мумкин аст. Дар мавриди бекор намудани таъинот аризаи даъвогӣ аз рӯзи якуми ба суд ворид шуданаш дохилгардида ҳисоб мешавад.
Моддаи 128. Баргардонидани аризаи даъвогӣ
1. Суди идқтисодӣ аризаи даъвогиро бармегардонад, агар дар мавриди қабули ариза муайян кунад, ки:
- аз ҷониби даъвогар (аризадиҳанда) тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиби ҳалли тосудии баҳс (ариза) риоя нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869);
- парванда ба суди иқтисодии мазкур тобеияти судӣ надорад;
- дар як аризаи даъвогӣ якчанд талабот ба як ё якчанд шахс пешниҳод шудааст ва агар ин талабот байни худ алоқаманд набошанд;
- то баровардани таъинот оид ба баррасии суди иқтисодӣ қабул намудани аризаи даъвогӣ аз даъвогар дархост дар бораи баргардонидани ариза ворид шудааст;
- дар мӯҳлати дар таъииоти судӣ муқарраршуда бартараф накардани ҳолатҳое, ки асоси беҳаракат мондани аризаи даъвогӣ гаштааст;
- шартҳои пешниҳод намудани даъвои муқобили даъво риоя карда нашудаанд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
2. Дар бораи баргардонидани аризаи даъвогӣ суди иқтисодӣ таъинот мебарорад. Дар таъинот асосҳои баргардонидани ариза нишон дода, масъалаи баргардонидани боҷи давлатӣ аз буҷети давлатӣ ҳал карда мешавад.
3. Нусхаи таъиноти суди иқтисодӣ дар бораи баргардонидани аризаи даъвогӣ ба даъвогар дар мӯҳлати на дертар аз рӯзи дигари рӯзи баровардани он ё ин ки баъди гузаштани мӯҳлати муқарраркардаи суд, ки барои бартараф кардани ҳолатҳое, ки асоси беҳаракат монондани ариза гаштааст, бо ариза ва ҳуҷҷатҳои ба он замимагардида фиристода мешавад.
4. Аз рӯи таъиноти суди иқтисодӣ дар бораи баргардонидани аризаи даъвогӣ шикоят намудан мумкин аст.
5. Дар мавриди бекор намудани таъинот аризаи даъвогӣ аз рӯзи якуми ба суди иқтисодӣ ворид гардидани он дохилшуда ҳисоб меёбад.
6. Баргардонидани аризаи даъвогӣ баъди бартараф намудани камбудиҳое, ки сабаби бозгардондан шудаанд, барои бо ҳамин талабот дар асоси умумӣ ба суди иқтисодӣ такроран муроҷиат карданро манъ намекунад.
Моддаи 129. Якҷоя ва ҷудо кардани якчанд талабот
1. Даъвогар ҳуқуқ дорад дар як ариза якчанд талаботро, ки байни якдигар бо асосҳои пайдоиш ё далелҳои пешниҳодшуда алоқаманданд, якҷоя намояд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
2. Суди иқтисодии марҳилаи якум ҳуқуқ дорад якчанд парвандаи якхеларо, ки дар онҳо ҳамон як шахсон иштирок мекунанд, барои якҷоя баррасӣ намудан дар як истеҳсолот якҷоя намояд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
3. Суди иқтисодии марҳилаи якум ҳуқуқ дорад, ки як ё якчанд талаботи якҷояро ба истеҳсолоти алоҳида ҷудо намояд, агар дар алоҳидагӣ баррасӣ намудани талаботро мувофиқи мақсад шуморад (Қонуни ЧТ аз 30.05.2017 № 1420).
4. Якҷоя намудани парвандаҳо дар як истеҳсолот ва ҷудо намудани талабот ба истеҳсолоти алоҳида то қабули санади судие, ки баррасии парвандаро дар суди иқтисодии марҳилаи якум анҷом мебахшад, мумкин мебошад.
5. Суди иқтисодӣ дар бораи якҷоя кардани парвандаҳо ба як истеҳсолот ва ҷудо намудани талабот барои истеҳсолоти алоҳида таъинот мебарорад. Нусхаҳои таъинот ба шахсони иштироккунандаи парванда равон карда мешаванд.
Моддаи 130. Изҳори назар кардан нисбати аризаи даъвогӣ
1. Ҷавобгар нисбати аризаи даъвогӣ изҳори назари худро бо замима намудани ҳуҷҷатҳое, ки норозигӣ нисбати даъворо тасдиқ мекунанд, инчунин ҳуҷҷатҳоеро, ки оид ба равон намудани нусхаҳои изҳори назар ва ҳуҷҷатҳои ба он замимагардидаро ба даъвогар ва дигар шахсони иштироккунандаи парванда тасдиқ мекунад, ба суди иқтисодӣ равон ё пешниҳод менамояд. Изҳори назар инчунин мумкин аст ба суди иқтисодӣ дар шакли электронӣ бо имзои электронии рақамии бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда бо ҷойгир намудани он дар сомонаи судҳои иқтисодӣ пешниҳод карда шавад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776, аз 24.12.2022 № 1931).
2. Изҳори назар ба суди иқтисодӣ ва шахсони иштироккунандаи парванда дар мӯҳлате, ки имконияти шиносшавиро то саршавии мурофиа таъмин менамояд, равон карда мешавад.
3. Дар баъзе мавридҳо ва тибқи тартибе, ки Кодекси мазкур муқаррар намудааст, дигар шахсони иштироккунандаи парванда ҳуқуқ доранд ба суди иқтисодӣ ва дигар иштироккунандагони парванда изҳори назарашонро бо аризаи даъвогӣ дар шакли хаттӣ пешниҳод намоянд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
4. Дар изҳори назар бояд нишон дода шаванд:
- номи суди иқтисодие, ки ба он изҳори назар фиристода мешавад;
- номи даъвогар, маҳалли ҷойгиршавӣ ё маҳалли зисти он;
- номи ҷавобгар, маҳалли ҷойгиршавӣ, агар ҷавобгар шахси воқеӣ бошад, маҳалли зист, ҷои кор ё ин ки сана ва маҳалли бақайдгирии давлатӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ;
- норозигӣ нисбати талаботи арзшуда бо истинод ба қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин ба далелҳое, ки норозигиро асоснок мекунанд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776);
- номгӯи ҳуҷҷатҳои ба изҳори назар замимагардида.
5. Дар изҳори назар рақамҳои телефон, факсҳо, суроғаи почтаи электронӣ ва дигар маълумоте, ки барои саривақт ва дуруст дида баромадани парванда мусоидат мекунанд, бояд дарҷ гарданд.
6. Изҳори назар аз ҷониби ҷавобгар ё ин ки намояндааш имзо мешавад. Ба изҳори назар, ки намоянда имзо кардааст, ваколатнома ё дигар ҳуҷҷате, ки ваколати имзо намуданро тасдиқ мекунад, замима мегардад.
Моддаи 131. Пешниҳод намудани даъвои муқобили даъво
1. Ҷавобгар ҳуқуқ дорад ба суди иқтисодӣ то оғози муҳокимаи судӣ нисбат ба даъвогар аризаи даъвогии муқобили даъво пешниҳод намояд, ки он якҷоя бо аризаи даъвогии ибтидоӣ баррасӣ карда мешавад.(қонуни ҶТ  аз 02.04.2020 № 1687).
2. Пешниҳод намудани даъвои муқобили даъво аз рӯи қоидаҳои умумии пешниҳод кардани даъво сурат мегирад.
3. Даъвои муқобили даъво аз ҷониби суди иқтисодӣ дар мавридҳои зайл қабул карда мешавад агар:
- даъвои муқобили даъво дар шумори талаботи аввала равона шуда бошад;
- қонеъ гардидани даъвои муқобили даъво пурра ё қисман конеъ гардонидани даъвои якумро истисно намояд;
- дар байни даъвои муқобили даъво ва даъвои аввала алоқамандӣ вуҷуд дошта бошад ва якҷоя баррасӣ намудани онҳо ба зудтар ва дуруст баррасӣ намудани баҳс мусоидат намояд.
4. Ҳангоми пешниҳод кардани аризаи даъвогии муқобили даъво ҷараёни мӯҳлати баррасии парванда, ки бо Кодекси мазкур пешбинӣ шудааст, аз нав оғоз мегардад (қонуни ҶТ аз 02.04.2020 № 1687).
5. Суди иқтисодӣ даъвои муқобили даъворо мутобиқи қоидаҳои моддаи 128 бармегардонад, агар шартҳои дар қисми 3 моддаи мазкур пешбинишуда риоя нагардида бошанд (қонуни ҶТ аз 02.04.2020 № 1687).
БОБИ 14. ОМОДАСОЗИИ ПАРВАНДА БА МУҲОКИМАИ СУДӢ
Моддаи 132. Вазифаҳои омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ
1. Суди иқтисодии марҳилаи якум баъди қабули аризаи даъвогӣ ҷиҳати омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ таъинот қабул мекунад ва дар он амалеро, ки шахсони иштироккунандаи парванда бояд анҷом диҳанд ва мӯҳлати иҷрои ин амалро дарҷ менамояд. Дар бораи омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ дар таъиноти қабули аризаи даъвогӣ барои баррасӣ нишон дода шуда метавонад.
2. Омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ нисбат ба ҳар як парвандае, ки дар истеҳсолоти суди иқтисодии марҳилаи якум мавҷуд аст, бо мақсади таъмини баррасии дуруст ва саривақтӣ аз ҷониби судя шахсан анҷом дода мешавад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
3. Вазифаҳои омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ аз муайян намудани хусусияти муносибатҳои ҳуқуқии баҳснок ва қонунгузорие, ки бояд татбиқ карда шавад, ҳолатҳое, ки барои ҳалли дурусти парванда аҳамият доранд, ҳалли масъалаҳо оид ба ҳайати шахсони иштироккунандаи парванда ва дигар иштироккунандагони парвандаи судии иқтисодӣ, мусоидат намудан ба шахсони иштироккунандаи парванда дар пешниҳоди далелҳои зарурӣ ва оштии тарафҳо иборат мебошад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
Моддаи 133. Мӯҳлати омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ
Омода сохтани парванда ба муҳокимаи судӣ бояд дар мӯҳлати на зиёда аз як моҳи баъди дохилшавии ариза ба суди иқтисодӣ бо гузаронидани маҷлиси пешакии судӣ, агар тибқи Кодекси мазкур тартиби дигар муқаррар нашуда бошад, анҷом дода шавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869).
Моддаи 134. Амалҳои омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ
1. Судя ҳангоми омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ амалҳои зайлро иҷро мекунад:
- бо мақсади муайян кардани ҳолатҳое, ки ба моҳияти талабот ва норозигии арзшуда дахл доранд, тарафҳо ва (ё) намояндагони онҳоро даъват намуда сӯҳбат мегузаронад; таклиф мекунад, ки далелҳои тасдиқкунандаи онҳо пешниҳод гарданд, дар ҳолатҳои зарурӣ ва дар мӯҳлати муайян далелҳои иловагӣ пешниҳод шаванд; ба тарафҳо ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои мурофиавиашон, оқибатҳои дар мӯҳлатҳои муқарраргардида иҷро кардан ё иҷро накардани ҳаракатҳои мурофиавиро тавзеҳ медиҳад; бо розигии тарафҳо мӯҳлати пешниҳоди далелҳои зарурӣ ва гузаронидани маҷлиси пешакии судиро муайян месозад;
- ба тарафҳо ҳуқуқи онҳоро оид ба муроҷиат намудан ба суди ҳакамӣ шарҳ медиҳад, барои байни тарафҳо бастани созиши оштӣ тадбирҳо меандешад, барои оштишавии тарафҳо мусоидат менамояд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1539);
- ба тарафҳо барои гирифтани далелҳои зарурӣ мусоидат менамояд, бо дархости тарафҳо, дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур бо ташаббуси худ далелҳои заруриро талаб менамояд; масъалаҳои таъини экспертиза, ба маҷлиси судӣ даъват кардани экспертҳо, шоҳидон, ҷалб намудани тарҷумон, зарурати дар маҳалли ҷойгиршавӣ азназаргузаронии далелҳои хаттӣ ва шайъиро ҳал мекунад, ҳамчунин барои аз ҷониби тарафҳо пешниҳод кардани далелҳои дигар тадбирҳо меандешад;
- бо дархости тарафҳо оиди масъалаҳои таъмини даъво, пешниҳоди таъминоти мутақобила, ҳамчунин оид ба таъмини далелҳо тадбирҳо меандешад, супоришҳои судиро мефиристад;
- масъалаи ба парванда ҳамроҳ шудани дигар шахсон, иваз намудани ҷавобгари номуносиб, якҷоя ё ҷудо кардани якчанд талабот, қабули даъвои муқобили даъво, имконияти гузаронидани маҷлиси сайёри судиро ҳал менамояд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776);
- дар бораи вақт ва маҳалли баррасии парванда шахсони иштироккунандаи парванда ва дигар шахсони ба натиҷаи он манфиатдорро огоҳ месозад (қонуни ҶТ аз 02.04.2020 № 1687);
- дигар амалҳоро барои дуруст ва саривақт баррасӣ кардани парванда анҷом медиҳад.
2. Амалҳо оид ба омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ аз ҷониби судя тибқи тартиби муқарраркардаи Кодекси мазкур анҷом дода мешавад.
Моддаи 135. Маҷлиси пешакии судӣ
1. Дар маҷлиси пешакии судӣ парванда аз ҷониби судя танҳо бо огоҳ кардани тарафҳо ва дигар шахсони манфиатдор дар бораи вақт ва маҳалли гузаронидани он баррасӣ мегардад. Ҳангоми ҳозир нашудани даъвогар ва (ё) ҷавобгар, дигар шахсони манфиатдор, ки метавонанд барои иштирок дар парванда ҷалб гарданд ва ба таври дахлдор огоҳ карда шудаанд, маҷлиси судӣ дар ғоибии онҳо гузаронида мешавад.
2. Суди иқтисодӣ дар маҷлиси пешакии судӣ:
- дархости тарафҳоро ҳал менамояд;
- кифоягии далелҳоро муайян менамояд, ба тарафҳо хабар мерасонад, ки кадом далелҳо дар парванда мавҷуд аст;
- барои баррасӣ масъалаҳоеро пешниҳод менамояд, ки ҳангоми омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ ҳал мегарданд ва дигар амалҳои мурофиавиро, ки Кодекси мазкур пешбинӣ кардааст, анҷом медиҳад;
3. Тарафҳо дар маҷлиси пешакии судӣ ҳуқуқ доранд далел пешниҳод намоянд, дархост арз намоянд, ваҷҳҳои худро доир ба ҳамаи масъалаҳои дар маҷлис бамиёномада пешниҳод намоянд.
4. Суд бо дархости шахсони иштироккунандаи парванда, ҳуқуқ дорад дар маҷлиси пешакии судӣ барои аз ҷониби онҳо пешниҳод намудани далелҳои иловагӣ ба мӯҳлати на зиёда аз панҷ рӯз танаффус эълон кунад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
5. Оид ба парвандаҳои мураккаб бо дар назар доштани фикри тарафҳо судя метавонад барои гузаронидани мурофиаи пешакии судӣ мӯҳлатеро муайян кунад, ки аз доираи мӯҳлатҳои барои баррасӣ ва ҳалли парвандаҳои иқтисодӣ муқаррарнамудаи Кодекси мазкур зиёд набошад (қонуни ҶТ аз 02.04.2020 № 1687).
6. Ҳангоми мавҷуд будани ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои 142, 143, сархатҳои якум, дуюм, сеюм, чорум, панҷум ва шашуми моддаи 147, сархатҳои якум, дуюм, сеюм ва чоруми моддаи 149 Кодекси мазкур баррасии парванда дар маҷлиси пешакии судӣ мумкин аст боздошта шавад ё қатъ гардад ё ариза бе баррасӣ мононда шавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869, аз 02.04.2020 № 1687).
7. Дар хусуси боздоштан ё қатъ намудани баррасии парванда ё бе баррасӣ монондани аризаи даъвогӣ (ариза) таъинот бароварда мешавад. Нисбат ба таъинот шахсони иштироккунандаи парванда метавонанд шикоят пешниҳод намоянд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869, аз 02.04.2020 № 1687).
8. Дар маҷлиси пешакии судӣ мумкин аст аризаи шахсони иштироккунандаи парванда дар хусуси аз ҷониби даъвогар бе сабабҳои узрнок гузаронидани мӯҳлати даъво ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ ва мӯҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муроҷиат ба суд баррасӣ гардад. Ҳангоми муайян намудани далели бе сабабҳои узрнок гузаронидани мӯҳлати даъво ё мӯҳлати муроҷиат ба суд, судя бе таҳқиқи дигар ҳолатҳои воқеии парванда дар хусуси рад намудани даъво ҳалнома қабул мекунад. Ба ҳалнома аз ҷониби шахсони иштироккунандаи парванда мумкин аст бо тартиби кассатсионӣ шикоят оварда шавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869, аз 02.04.2020 № 1687).
9. Баъди анҷоми баррасии ҳамаи масъалаҳои маҷлиси пешакии судӣ суди иқтисодӣ бо дарназардошти фикри тарафҳо ва шахсони сеюми барои иштирок дар парванда ҷалбгардида масъалаи омодасозии парвандаро ба муҳокимаи судӣ ҳал менамояд (қонуни ҶТ аз  02.04.2020 № 1687).
Моддаи 136. Таъин намудани парванда ба муҳокимаи судӣ
1. Судя парвандаро омодашуда эътироф намуда, дар хусуси таъин намудани парванда ба муҳокимаи судӣ таъинот мебарорад.
2. Дар таъинот дар бораи таъин кардани парванда ба муҳокимаи судӣ дар бораи ба охир расидани омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ ва ҳал намудани масъалаҳо дар бораи ба парванда ҷалб намудани шахсони сеюм, қабули даъвои муқобили даъво, якҷоя ё ҷудо кардани якчанд талабот, ҳамчунин ҳалли дигар масъалаҳо, агар нисбати онҳо таъиноти дахлдор қабул нашуда бошад, вақт ва маҳалли гузаронидани маҷлиси судӣ дар суди иқтисодии марҳилаи якум дарҷ мегардад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
3. Нусхаҳои таъинот дар бораи таъин кардани парванда ба муҳокимаи судӣ ба шахсони иштироккунандаи парванда фиристода мешавад.
4. Агар дар маҷлиси пешакии судӣ шахсони иштироккунандаи парванда ҳузур дошта бошанд ва онҳо барои давом додани баррасии парванда дар маҷлиси судии суди иқтисодии марҳилаи якум зид набошанд, суд маҷлиси пешакиро анҷом медиҳад ва маҷлиси судиро дар марҳилаи якум мекушояд ба истиснои ҳолатҳое, ки тибқи Кодекси мазкур баррасии ин парванда ба таври дастҷамъӣ пешбинӣ шуда бошад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
БОБИ 15. СОЗИШИ ОШТӢ
(Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1539)
Моддаи 137. Оштишавии тарафҳо
1. Суди иқтисодӣ барои оштишавии тарафҳо тадбирҳо меандешад ва барои ба танзим даровардани баҳс ба онҳо мусоидат менамояд.
2. Тарафҳо метавонанд созиши оштӣ баста ё дигар расмиятҳои оштишавиро истифода бурда, баҳсро ба танзим дароранд, агар он муқобили қонун набошад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1539).
Моддаи 138. Баста шудани созиши оштӣ
(Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1539)
1. Созиши оштиро тарафҳо метавонанд дар ҳамаи давраҳои мурофиаи судии иқтисодӣ ё ҳангоми иҷрои санади судӣ анҷом диҳанд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1539).
2. Созиши оштӣ метавонад аз рӯи ҳама гуна парвандаҳо баста шавад, агар дигар талабот дар Кодекси мазкур ва дигар қонун пешбинӣ нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1539).
3. Созиши оштӣ набояд ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии дигар шахсонро халалдор намояд ва зидди қонун бошад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1539).
4. Суд бо таъиноти худ созиши оштии тарафҳоро тасдиқ ва баррасии парвандаро қатъ мекунад  (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1539).
Моддаи 139. Шакл ва мазмуни созиши оштӣ
(Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1539)
1. Созиши оштӣ дар шакли хаттӣ баста шуда, аз ҷониби тарафҳо ё намояндагони онҳо ҳангоми мавҷуд будани ваколати бастани созиши оштӣ, ки махсус дар ваколатнома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ваколатҳои намоянда пешбинӣ шудааст, имзо мегардад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1539).
2. Дар созиши оштӣ бояд розигии тарафҳо дар бораи шартҳо, андоза ва мӯҳлати иҷрои ӯҳдадорӣ дар назди якдигар ё як тараф дар назди тарафи дигар дарҷ гардида, инчунин оқибатҳои иҷро нагардидани шартҳои созиши оштӣ нишон дода шаванд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1539).
3. Дар созиши оштӣ метавонанд шартҳо оид ба таъхир андохтан ё дароз кардани мӯҳлати иҷрои ӯҳдадорӣ аз ҷониби ҷавобгар, дар бораи гузашт кардани ҳуқуқи талаб кардан, дар бораи пурра ё қисман гузашт кардан ё эътироф кардани қарз, дар бораи тақсими хароҷоти судӣ ва дигар шартҳое, ки ба қонун зид нестанд, дарҷ гардад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776, аз 3.08.2018 № 1539).
4. Агар дар созиши оштӣ шартҳои тақсими хароҷоти судӣ пешбинӣ нашуда бошад, суди иқтисодӣ ин масъаларо ҳангоми тасдиқи созиши оштӣ аз рӯи тартиби умумие, ки Кодекси мазкур муқаррар кардааст, ҳал менамояд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1539).
5. Шумораи нусхаҳои созиши оштӣ аз шумораи шахсони иштирокчии ин созиши оштиро баста, як нусха зиёд тартиб дода мешавад ва имзо мегардад, яке аз ин нусхаҳо аз ҷониби суди иқтисодие, ки созиши оштиро тасдиқ кардааст, ба маводҳои парванда ҳамроҳ мегардад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1539). 
Моддаи 140. Тасдиқи созиши оштӣ аз ҷониби суди иқтисодӣ
(Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1539)
1. Созиши оштӣ аз ҷониби суди иқтисодие, ки парванда дар истеҳсолоти ӯ мебошад, тасдиқ карда мешавад. Дар ҳолате, ки агар созишномаи оштӣ дар ҷараёни иҷрои санади судӣ баста шуда бошад, он барои тасдиқ ба суди иқтисодии марҳилаи якуми маҳалли иҷрои санади судӣ ё ба суди иқтисодии санади судии мазкурро қабулкарда пешниҳод карда мешавад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776, аз 3.08.2018 № 1539).
2. Масъалаи тасдиқи созиши оштиро суди иқтисодӣ дар маҷлиси судӣ баррасӣ мекунад. Дар протоколи маҷлиси судӣ оид ба бастани созиши оштии тарафҳо қайд гузошта мешавад. Шахсони иштироккунандаи парванда дар бораи вақт ва маҳалли гузаронидани маҷлиси судӣ огоҳ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1539).
3. Дар мавриди ба суди иқтисодӣ ҳозир нашудани шахсони созиши оштиро баста ва ба таври дахлдор дар бораи вақт ва маҳалли гузаронидани маҷлиси судӣ огоҳ шуда, масъала оид ба тасдиқи созиши оштиро суди иқтисодӣ баррасӣ намекунад, агар аз тарафи ин шахсон барои баррасӣ кардани масъалаи мазкур дар ғоибии онҳо ариза пешниҳод нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1539).
4. Масъала оид ба тасдиқи созиши оштӣ, ки дар ҷараёни иҷрои санади судӣ баста мешавад, аз ҷониби суди иқтисодӣ дар мӯҳлати на зиёда аз як моҳ баъд аз рӯзи ба суд ворид шудани ариза дар бораи тасдиқ шудани он баррасӣ мегардад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1539).
5. Аз рӯи натиҷаи баррасии масъала оид ба тасдиқи созиши оштӣ суди иқтисодӣ таъинот мебарорад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1539).
6. Дар таъиноти суди иқтисодӣ ин амалҳо дарҷ карда мешаванд:
- тасдиқи созиши оштӣ ё рад кардани тасдиқи созиши оштӣ (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1539);
- шартҳои созиши оштӣ;
- оқибатҳои иҷро нагардидани шартҳои созиш (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1539);
- қатъ намудани истеҳсолоти парванда (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1539);
- тақсими хароҷоти судӣ.
7. Дар таъинот дар хусуси тасдиқи созиши оштии дар ҷараёни иҷрои санади судии суди иқтисодӣ басташуда ҳамчунин бояд дарҷ гардад, ки ин санади судӣ набояд иҷро шавад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776, аз 3.08.2018 № 1539)
8. Таъинот дар хусуси тасдиқи созиши оштӣ бояд фавран иҷро гардад ва метавонад ба суди иқтисодии марҳилаи кассатсионӣ дар мӯҳлати як моҳ баъд аз рӯзи баровардани таъинот шикоят оварда шавад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1539).
9. Суди иқтисодӣ созиши оштиро тасдиқ намекунад, агар он мухолифи қонун бошад ё ҳуқуқу манфиатҳои қонунии дигар шахсонро вайрон кунад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776, аз 3.08.2018 № 1539).
10. Дар бораи рад кардани тасдиқи созиши оштӣ суди иқтисодӣ таъинот мебарорад, ки аз он шикоят намудан мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1539).
11. Суд ба тарафҳо оқибати бастани созиши оштиро фаҳмонда, аз онҳо забонхат мегирад, ки он ба маводи парванда замима карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1539).
Моддаи 141. Иҷрои созиши оштӣ
(Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1539)
1. Созиши оштӣ аз ҷониби шахсоне, ки онро бастаанд ва ба таври ихтиёрӣ бо тартиб ва дар мӯҳлате, ки созиш пешбинӣ намудааст, иҷро карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1539).
2. Созиши оштии ихтиёран иҷронагардида тибқи қонун ба таври маҷбурӣ иҷро мегардад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1539).
БОБИ 16. БОЗДОШТАНИ ИСТЕҲСОЛОТИ ПАРВАНДА
(Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776)
Моддаи 142. Ӯҳдадории суди иқтисодӣ барои боздоштани истеҳсолоти парванда
(Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776)
1. Суди иқтисодӣ ӯҳдадор аст истеҳсолоти парвандаро дар ҳолатҳои зайл боздорад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776):
- дар сурати ғайриимкон будани баррасии парвандаи мазкур то ҳал намудани парвандаи дигар дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои юрисдиксияи умумӣ ва суди иқтисодӣ;
- дар сурате, ки шаҳрванд - ҷавобгар дар қисми амалкунандаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад ё дархости фиристодаи шаҳрванд - даъвогар, ки дар қисми амалкунандаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад;
- дар мавриди фавти шаҳрванд, ки дар парванда яке аз тарафҳо ба ҳисоб мерафт, агар муносибатҳои ҳуқуқии баҳснок ба ворисии ҳуқуқӣ роҳ диҳад;
- агар шаҳрванд, ки яке аз тарафҳои парванда ба ҳисоб мерафт, қобилияти амалашро гум кунад.
2. Суди иқтисодӣ истеҳсолоти парвандаро дар дигар ҳолатҳои қонун пешбиникарда низ бозмедорад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
Моддаи 143. Ҳуқуқи суди иқтисодӣ барои боздоштани истеҳсолоти парванда
(Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776)
Суди иқтисодӣ ҳуқуқ дорад истеҳсолоти парвандаро дар ҳолатҳои зайл боздорад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776):
- дар мавриде, ки суди иқтисодӣ экспертиза таъин мекунад;
- азнавташкилдиҳии ташкилоте, ки шахси иштироккунандаи парванда мебошад;
- шаҳрванде, ки шахси иштироккунандаи парванда мебошад, ба иҷрои вазифаи давлатӣ ҷалб шудааст;
- шаҳрванде, ки шахси иштироккунандаи парванда мебошад, дар муассисаи табобатӣ қарор дорад ё гирифтори беморие мебошад, ки иштироки ӯро дар баррасии парванда имконнопазир мегардонад ё дар сафари хизматии дарозмуддат мебошад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1539);
- аз ҷониби суди байналмилалӣ, суди давлати хориҷӣ баррасӣ кардани дигар парванда, ки ҳалли он барои парвандаи баррасишаванда метавонад муҳим бошад;
- равон кардани супориши судӣ ба суди дигар (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
Моддаи 144. Мӯҳлатҳои боздоштани истеҳсолоти парванда
(Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776)
Истеҳсолоти парванда боздошта мешавад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776):
- дар ҳолатҳои пешбининамудаи сархати якуми қисми 1 моддаи 142 ва сархати панҷуми моддаи 143 Кодекси мазкур то эътибори қонунӣ пайдо кардани санади судии суди дахлдор;
- дар ҳолатҳои пешбининамудаи сархати дуюми қисми 1 моддаи 142 ва сархати чоруми моддаи 143 Кодекси мазкур то бартараф кардани ҳолатҳое, ки асоси боздоштани истеҳсолоти парванда шудаанд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776);
- дар ҳолатҳои пешбининамудаи сархатҳои сеюм ва чоруми қисми 1 моддаи 142 ва сархати дуюми моддаи 143 Кодекси мазкур то муайян кардани вориси ҳуқуқии шахси иштироккунандаи парванда ё ба шахси ғайриқобили амал таъин кардани намоянда;
- дар ҳолати пешбининамудаи сархати якуми моддаи 143 Кодекси мазкур то ба охир расидани мӯҳлати муқарраркардаи суди иқтисодӣ;
- то гирифтани супориши судии равонкардашуда ба суди дигар (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
Моддаи 145. Аз нав оғоз кардани истеҳсолоти парванда
(Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776)
Суди иқтисодӣ истеҳсолоти парвандаро аз рӯи аризаи шахсони иштироккунандаи парванда ё бо ташаббуси худаш баъди бартараф намудани ҳолатҳое, ки асоси боздоштани он шудааст ё ин ки то бартараф кардани онҳо аз рӯи аризаи шахсе, ки бо дархости ӯ баррасии парванда боздошта шуда буд, аз нав оғоз менамояд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
Моддаи 146. Тартиби боздоштан ва аз нав оғоз кардани истеҳсолоти парванда
(Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776)
1. Дар бораи боздоштани истеҳсолоти парванда, аз нав оғоз кардани он ё дар хусуси рад кардани аз нав оғозкунӣ суди иқтисодӣ таъинот мебарорад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
2. Нусхаҳои таъинот ба шахсони иштироккунандаи парванда фиристода мешавад.
3. Таъиноти суди иқтисодӣ дар бораи боздоштани истеҳсолоти парванда, дар бораи рад кардани аз нав оғозкунии баррасии парванда мавриди шикоят қарор гирифта метавонад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
БОБИ 17. БЕ БАРРАСӢ МОНДАНИ ДАЪВО
Моддаи 147. Асосҳои бе баррасӣ мондани даъво
Суди иқтисодӣ аризаи даъвогиро бе баррасӣ мемонад, агар баъди ба истеҳсолот қабул кардан муқаррар кунад, ки (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776):
- дар истеҳсолоти суди иқтисодӣ, суди юрисдиксияи умумӣ, суди ҳакамӣ оид ба баҳси байни ҳамон шахсон дар бораи ҳамон предмет ва бо ҳамон асосҳо парванда мавҷуд бошад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776);
- даъвогар тартиби иддао ё дигар тартиби пешазсудии ба танзимдарории баҳсро бо ҷавобгар риоя накардааст, агар он тибқи қонун ё шартнома пешбинӣ шуда бошад;
- ҳангоми баррасии ариза дар бораи муқаррар кардани фактҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ маълум гардад, ки баҳс дар бораи ҳуқуқ пайдо шудааст;
- талаботе пешниҳод шуда бошад, ки он мутобиқи қонун бояд дар парванда оид ба муфлисшавӣ баррасӣ гардад;
- созишномаи тарафҳо дар бораи баррасии баҳси мазкур дар суди ҳакамӣ мавҷуд бошад, агар ҳар кадоме аз тарафҳо на дертар аз рӯзи пешниҳоди аризаи якуми худ доир ба моҳияти баҳс дар суди иқтисодии марҳилаи якум аз рӯи ҳамин асос нисбати баррасии парванда дар суди иқтисодӣ норозигӣ баён намояд, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар суди иқтисодӣ муқаррар кунад, ки ин созишном беэътибор мебошад, аз эътибор соқит шудааст ё иҷрои он имконнопазир мебошад;
- тарафҳо дар бораи ба истеҳсолоти суди ҳакамӣ супоридани баҳс дар ҷараёни муҳокимаи судӣ то қабули санади судӣ, ки бо он баррасии парванда моҳиятан анҷом меёбад, созишнома баста бошанд, агар ҳар кадоме аз тарафҳо аз рӯи ҳамин асос нисбати баррасии парванда дар суди иқтисодӣ норозигӣ изҳор намояд, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар суди иқтисодӣ муқаррар кунад, ки ин созишнома беэътибор аст, аз эътибор соқит шудааст ё иҷрои он имконнопазир мебошад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776);
- аризаи даъвогӣ имзо нашуда бошад ё шахсе имзо карда бошад, ки ҳуқуқи имзо кардани онро надошт ё мақоми мансабии ӯ нишон дода нашуда бошад;
- даъвогар такроран ба маҷлиси суди иқтисодӣ ҳозир нашуда бошад ва дар бораи бе иштироки ӯ баррасӣ кардани парванда арз накарда бошад.
Моддаи 148. Тартиб ва оқибатҳои бе баррасӣ мондани аризаи даъвогӣ
1. Дар мавриди бе баррасӣ мондани аризаи даъвогӣ истеҳсолоти парванда бо баровардани таъинот анҷом меебад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
2. Дар таъинот суди иқтисодӣ асосҳои бе барраси мондани аризаи даъвогиро дарҷ менамояд, ҳамчунин масъалаи аз буҷети давлатӣ баргардонидани боҷи давлатиро дар ҳолатҳои пешбининамудаи сархати дуюми қисми 1 моддаи 147 Кодекси мазкур ҳал менамояд.
3. Нусхаи таъинот ба шахсони иштироккунандаи парванда фиристонида мешавад.
4. Таъинот дар бораи бе баррасӣ мондани аризаи даъвогӣ мавриди шикоят қарор гирифта метавонад.
5. Бе баррасӣ мондани аризаи даъвогӣ даъвогарро баъди бартараф намудани ҳолатҳое, ки барои бе баррасӣ мондани ариза асос шуда буданд, аз ҳуқуқи ба таври умумӣ дуюмбора ба суди иқтисодӣ муроҷиат кардан маҳрум намесозад.
6. Суде, ки таъинотро ҷиҳати бе баррасӣ монондани ариза қабул намудааст, бо дархости даъвогар ё ҷавобгар тибқи асосҳои сархати ҳаштуми моддаи 147 Кодекси мазкур таъиноташро метавонад бекор намояд, агар даъвогар ё ҷавобгар ба суд далелҳои тасдиқкунандаи бо сабабҳои узрнок ҳозир нашудан ба маҷлиси судӣ ва имконнопазирии иттилоъ додани онро пешниҳод намояд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1539).
БОБИ 18. ҚАТЪ КАРДАНИ ИСТЕҲСОЛОТИ ПАРВАНДА
Моддаи 149. Асосҳо барои қать кардани истеҳсолоти парванда
1. Суди иқтисодӣ истеҳсолоти парвандаро қатъ менамояд, агар муқаррар кунад, ки:
- парванда дар суди иқтисодӣ қобили баррасӣ намебошад;
- оид ба баҳси байни ҳамон шахсон дар бораи ҳамон предмет ва бо ҳамон асосҳо санади судии эътибори қонунӣ пайдокардаи суди иқтисодӣ, суди юрисдиксияи умумӣ ё суди салоҳиятдори давлати хориҷӣ мавҷуд аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар суди иқтисодӣ эътироф ва ба иҷро расонидани қарори суди хориҷиро рад карда бошад;
- қарори қабулкардаи суди ҳакамӣ оид ба баҳси байни ҳамон шахсон дар бораи ҳамон предмет ва бо ҳамон асосҳо мавҷуд аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар суди иқтисодӣ барои иҷрои маҷбурии қарори суди ҳакамӣ додани варақаи иҷроро рад карда бошад;
- даъвогар аз даъво даст кашидааст ва ин дасткаширо суди иқтисодӣ қабул кардааст;
- ташкилоте, ки дар парванда яке аз тарафҳо мебошад, барҳам дода шудааст;
- баъди вафоти шаҳрванд, ки дар парванда яке аз тарафҳо мебошад, муносибатҳои ҳуқуқии баҳснок ба ворисии ҳуқуқӣ роҳ намедиҳанд;
2. Суди иқтисодӣ инчунин истеҳсолоти парвандаро дар ҳолати тасдиқ кардани созиши оштӣ қатъ менамояд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1539).
Моддаи 150. Тартиб ва оқибати қатъ кардани истеҳсолоти парванда
1. Дар бораи қатъ кардани истеҳсолоти парванда суди иқтисодӣ таъинот мебарорад.
2. Дар таъинот суди иқтисодӣ асосҳои қатъ кардани истеҳсолоти парвандаро дарҷ карда, ҳамчунин тақсими хароҷоти судиро дар байни тарафҳо ҳал менамояд.
3. Нусхаи таъинот ба шахсони иштироккунандаи парванда фиристода мешавад.
4. Таъиноти суди иқтисодӣ дар бораи қатъ кардани истеҳсолоти парванда мавриди шикоят қарор гирифта метавонад.
5. Дар мавриди қатъ кардани истеҳсолоти парванда муроҷиати такрорӣ ба суди иқтисодӣ оид ба баҳси ҳамон шахсон, дар бораи ҳамон предмет ва бо ҳамон асосҳо имконнопазир мебошад.
БОБИ 19. МУҲОКИМАИ СУДӢ
Моддаи 151. Мӯхлати баррасии парванда ва қабули қарор
Парвандаро бояд суди иқтисодии марҳилаи якум дар мӯҳлати на зиёда аз як моҳ баъд аз рӯзи баровардани таъинот дар бораи ба муҳокимаи судӣ таъин кардани парванда баррасӣ намояд ва қарор қабул намояд, агар Кодекси мазкур тартиби дигарро муқаррар накарда бошад.
Моддаи 152. Маҷлиси судии суди иқтисодӣ
1. Муҳокимаи парванда дар маҷлиси судии суди иқтисодӣ бо огоҳонидани ҳатмии шахсони иштироккунандаи парванда оид ба маҳал ва вақти маҷлиси судӣ сурат мегирад.
2. Судя, инчунин ҳангоми баррасии дастҷамъии парванда бошад, раисикунанда дар маҷлиси судӣ:
- маҷлиси судиро мекушояд ва эълон мекунад, ки кадом парванда баррасӣ карда мешавад;
- ҳозир будани шахсони иштироккунандаи парванда, намояндагони онҳоро ва дигар иштироккунандагони мурофиаи суди иқтисодиро тафтиш мекунад, шахсияти онҳоро муқаррар намуда, ваколатҳояшонро месанҷад, ба таври дахлдор хабар кардани шахсони ба маҷлиси судӣ ҳозирнашуда ва чӣ гуна маълумотҳо дар бораи сабабҳои ҳозир нашудани онҳо ҷойдоштаро муайян менамояд;
- масъаларо дар бораи имконпазир будани баррасии парванда муайян месозад;
- ҳайати суди иқтисодиро эълон мекунад, хабар медиҳад, ки протоколи маҷлиси судиро кӣ тартиб медиҳад, кӣ ба сифати эксперт, тарҷумон иштирок менамояд ва ба шахсони иштироккунандаи парванда ҳуқуқи радкунӣ доштани онҳоро фаҳмонда медиҳад;
- ба шахсони иштироккунандаи парванда ва дигар иштироккунандагони мурофиаи судии иқтисодӣ ҳуқуқу ӯҳдадориҳои мурофиавии онҳоро фаҳмонда медиҳад;
- шоҳидони ҳозиршударо то саршавии пурсишашон аз толори маҷлиси судӣ берун менамояд;
- тарҷумонро дар бораи ҷавобгарӣ барои дидаю дониста нодуруст тарҷума кардан, экспертро барои дидаю дониста хулосаи бардурӯғ додан, шоҳидонро (бевосита пеш аз пурсиши онҳо) барои дидаю дониста додани нишондоди бардурӯғ ва саркаши кардан аз додани нишондод огоҳ менамояд;
- бо дарназардошти фикри шахсони иштироккунандаи парванда пайдарҳамии гузаронидани амалҳои мурофиавиро муайян месозад;
- муайян менамояд, ки оё даъвогар даъвояшро дастгирӣ менамояд, оё ҷавобгар даъворо эътироф мекунад, оё тарафҳо меҳоҳанд парвандаро бо бастани созиши оштӣ қатъ намоянд, ки дар ин бора дар протоколи маҷлиси судӣ қайдҳои дахлдор ворид месозад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776, аз 3.08.2018 № 1539);
- маҷлиси судиро роҳбарӣ карда, барои таҳқиқи ҳамаҷониба ва пурраи далелҳо ва ҳолатҳои парванда шароит фароҳам меоварад, баррасии аризаю дархостҳои шахсони иштироккунандаи парвандаро таъмин менамояд;
- барои таъмини тартиби дахлдор дар маҷлиси судӣ тадбирҳо меандешад.
Моддаи 152(1). Иштирок дар маҷлиси судӣ тариқи реҷаи мустақим (онлайн)
(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1931)
1. Шахсони иштироккунандаи парванда ва иштироккунандагони дигари мурофиаи иқтисодӣ метавонанд тариқи реҷаи мустақим (онлайн) дар мурофиаи судӣ иштирок кунанд, агар онҳо дар ин хусус дархост намуда бошанд ва агар дар судҳои иқтисодӣ ва судҳои юрисдиксияи умумӣ имконияти техникии истифодаи алоқаи видеоӣ мавҷуд бошад.
2. Дар сурати қонеъ намудани дархост дар бораи иштирок дар маҷлиси судӣ тариқи реҷаи мустақим (онлайн) суди иқтисодие, ки парвандаро баррасӣ менамояд, ба суди иқтисодии дахлдоре, ки бо мусоидати он муроҷиаткунанда метавонад дар маҷлиси судӣ иштирок намояд, ҷиҳати ташкил намудани алоқаи видеоӣ супориши судӣ ирсол намуда, дар ин хусус тибқи талаботи моддаи 72 Кодекси мазкур таъинот қабул менамояд. Нусхаи таъиноти суди иқтисодӣ ба суди юрисдиксияи умумие, ки гузаронидани маҷлиси судиро бо истифодаи алоқаи видеоӣ тибқи Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд таъмин намояд, ирсол карда мешавад.
3. Суди иқтисодие, ки ташкил намудани реҷаи мустақимро (онлайнро) амалӣ менамояд, ба суд ҳозир шудани шахсонро санҷида, шахсияти шахсони ҳозиршударо муайян мекунад, ваколати онҳоро санҷида, масъалаи имконияти иштироки онҳоро дар маҷлиси судӣ тибқи талаботи қисми 2 моддаи 152 Кодекси мазкур ҳал мекунад.
4. Ҳангоми истифодаи реҷаи мустақим (онлайн) дар суди иқтисодие, ки парвандаро баррасӣ менамояд, протоколи маҷлиси судӣ тартиб дода шуда, сабти видеоии маҷлиси судӣ гузаронида мешавад. Ҳомили сабти видеоии маҷлиси судӣ дар мӯҳлати панҷ рӯз ба суде, ки парвандаро баррасӣ мекунад, ирсол гардида, ба протоколи маҷлиси судӣ ҳамроҳ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1931).
Моддаи 153. Тартибот дар маҷлиси судии суди иқтисодӣ
1. Ҳангоми ба толори маҷлиси судӣ ворид шудани судяҳо ҳамаи ҳозирин аз ҷой бармехезанд. Қарори суди иқтисодиро ҳозирини толори маҷлиси судӣ аз ҷой бархоста мешунаванд.
2. Иштироккунандагони парванда ва дигар иштироккунандагони мурофиаи судии суди иқтисодӣ ба суди иқтисодӣ бо ибораи "Мӯҳтарам суд" муроҷиат менамоянд. Баёнот ва нишондодҳои худро ба суд, саволҳоро ба дигар шахсони иштироккунандаи мурофиа, ҷавобҳоро ба саволҳо аз ҷой бархоста баён менамоянд. Истисно аз ин қоида танҳо бо иҷозати суд мумкин мебошад.
3. Маҷлиси судӣ бояд дар шароите сурат гирад, ки дар он кори мӯътадили суд ва амнияти иштироккунандагони мурофиаи судии суди иқтисодӣ таъмин карда шавад. Рафтори шахсони дар, толори суд ҳузурдошта ва бо иҷозати суд ба наворгирии кино ва аксбардорӣ, сабти видео, намоиши маҷлиси судиро тавассути радио ва телевизион анҷом медиҳанд, набояд тартиби маҷлиси судиро халалдор намоянд. Ин амалҳоро суд метавонад дар доираи вақт маҳдуд намояд.
4. Шахсони дар толори маҷлиси судӣ ҳузурдошта ӯҳдадоранд тартиби муқарраршударо риоя кунанд. Шахсе, ки тартиби маҷлиси судиро вайрон мекунад ё ба амрҳои қонунии раисикунанда итоат намекунад, пас аз огоҳӣ метавонад аз толори маҷлиси судӣ берун карда шавад.
5. Суди иқтисодӣ метавонад шахсеро, ки дар маҷлиси судӣ тартибро вайрон мекунад ё ба амрҳои қонунии раисикунанда итоат намекунад, бо тартиб ва андозае, ки дар боби 11 Кодекси мазкур муқаррар шудааст, ҷарима бандад.
6. Дар сурати дар кирдори шахсони тартиботи маҷлиси судиро вайронкунанда мавҷуд будани аломатҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ раисикунандаи маҷлиси судӣ маводҳои заруриро барои ҳалли масъалаи оғози парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва тартиб додани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба мақомоти корҳои дохилӣ ирсол менамояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869).
7. Агар дар кирдори шахсе, ки тартиботи маҷлиси судиро вайрон кардааст, аломатҳои ҷиноят мавҷуд бошад, раисикунандаи маҷлиси судӣ маводи заруриро барои ҳалли масъалаи оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба шахси тартиботи маҷлиси судиро вайронкунанда ба мақомоти прокуратура ирсол менамояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869).
8. Дар сурати ба таври оммавӣ аз ҷониби шахсони дар муҳокимаи парванда ҳузурдошта вайрон кардани тартиботи маҷлиси судӣ раисикунандаи маҷлиси судӣ метавонад шахсонеро, ки иштироккунандаи мурофиа намебошанд, аз толори маҷлиси судӣ берун кунад ва парвандаро дар маҷлиси пӯшидаи судӣ баррасӣ намояд ё муҳокимаи парвандаро мавқуф гузорад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869).
Моддаи 154. Протокол
1. Дар ҷараёни ҳар як маҷлиси судии суди иқтисодии марҳилаи якум, инчунин ҳангоми иҷрои баъзе аз амалҳои мурофиавӣ берун аз маҷлиси суди протокол тартиб дода мешавад.
2. Дар протоколи маҷлиси судӣ ин матлаб дарҷ мегардад:
- сол, моҳ, рӯз ва маҳалли гузаронидани маҷлиси судӣ;
- вақти оғоз ва анҷоми маҷлиси судӣ;
- номи суди иқтисодие, ки парвандаро баррасӣ мекунад, ҳайати суд;
- ном ва рақами парванда;
- маълумот дар бораи ба маҷлиси судӣ ҳозир шудани шахсони иштироккунандаи парванда ва дигар иштироккунандагони мурофиаи судии суди иқтисодӣ;
- маълумот дар бораи ба суд пешниҳод намудан ва дидани ҳуҷҷатҳое, ки шахсият ва ваколати дахлдори шахсони иштирокчии парванда ва намояндагони онҳоро тасдиқ мекунанд;
- маълумот дар бораи ба шахсони иштироккунандаи парванда ва дигар иштироккунандагони мурофиаи судии суди иқтисодӣ фаҳмондани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои мурофиавии онҳо;
- маълумот дар бораи огоҳ кардани тарҷумон дар хусуси ҷавобгарии ҷиноятӣ барои дидаю дониста нодуруст тарҷума кардан, шоҳидон барои дидаю дониста нишондоди бардурӯғ додан ва саркашӣ кардан аз додани нишондод, эксперт барои дидаю дониста хулосаи бардурӯғ додан;
- аризаҳои шифоҳӣ ва дархостҳои шахсони иштироккунандаи парванда;
- ба мувофиқа омадани тарафҳо оид ба ҳолатҳои воқеии парванда, талабот ва норозигиҳои арзнашуда;
- баёноти шахсони иштироккунандаи парванда, нишондодҳои шоҳидон, тавзеҳоти экспертҳо доир ба хулосаҳои худ;
- таъиноте, ки суд аз толори суд нарафта баровардааст;
- натиҷаҳои азназаргузаронӣ ва дигар амалҳо оид ба таҳқиқи далелҳо, ки дар маҷлиси судӣ гузаронида шудаанд;
- санаи тартиб додани протокол.
3. Дар протоколи анҷом додани амали алоҳидаи мурофиавӣ ҳамчунин маълумотҳое, ки дар натиҷаи анҷом додани ин амали мурофиавӣ ба даст оварда шудааст, дарҷ мегардад.
4. Протоколро котиби маҷлиси судӣ тартиб медиҳад.
5. Протокол дар шакли хаттӣ тартиб дода мешавад. Онро бо даст навиштан ё дар мошинка чоп кардан ё бо истифодаи компютор тартиб додан мумкин аст. Протоколро раискунанда ва котиби маҷлиси судие, ки протоколи маҷлиси судиро тартиб додааст, на дертар аз рӯзи дигари ба анҷом расидани маҷлиси судӣ ва протокол дар бораи анҷом додани амали алоҳидаи мурофиавиро онҳо бевосита баъди анҷом ёфтани амали алоҳидаи мурофиавӣ имзо мекунанд.
6. Агар суди иқтисодӣ сабти стенография, ҳамчунин дар маҷлиси судӣ сабти аудио ва (ё) видеоро истифода барад, дар протокол бояд маълумотҳое, ки дар сархатҳои ҳафт, ҳашт ва ёздаҳи қисми 2 моддаи мазкур пешбинӣ шудааст, дарҷ гардад, ҳамчунин дар бораи истифодаи техникии сабти маҷлиси судӣ бояд ишора гардад. Маводҳои (ҳомили моддӣ) сабти аудио ва видео ба протоколи маҷлиси судӣ замима мегарданд.
7. Шахсони иштироккунандаи парванда ҳуқуқ доранд бо протоколи маҷлиси судӣ ё амали алоҳидаи мурофиавӣ шинос шаванд ва эродҳои худро нисбати пуррагӣ ва дурустии тартиб дода шудани он дар мӯҳлати муқарраркардаи Кодекси мазкур барои шикояти санадҳои судӣ пешниҳод намоянд. Ба эродҳо метавонад шахси иштироккунандаи парванда маводи сабти аудио ё видеои маҷлиси судиро, замима намояд.
8. Дар бораи қабул ё рад кардани эрод ба протокол, суди иқтисодӣ на дертар аз рӯзи дигари ба суд ворид шудани эрод таъинот мебарорад. Эрод ба протокол ва таъинот ба парванда ҳамроҳ карда мешавад.
Моддаи 155. Баррасии парванда ҳангоми пешниҳод накардани изҳори назар ба аризаи даъвогӣ, далелҳои иловагӣ, ҳамчунин дар ғоибии шахсони иштироккунандаи парванда
1. Пешниҳод накардани изҳори назар ба аризаи даъвогӣ ё далелҳои иловагӣ, ки суди иқтисодӣ барои пешниҳод кардан ба шахсони иштироккунандаи парванда муроҷиат карда бошад, барои баррасӣ намудани парванда бо далелҳои дар парванда мавҷудбуда монеъ шуда наметавонад.
2. Тарафҳо ҳуқуқ доранд суди иқтисодиро дар бораи имконияти бе иштироки онҳо баррасӣ кардани парванда огоҳ кунанд.
3. Ҳангоми ба маҷлиси судии суди иқтисодӣ ҳозир нашудани даъвогар ва (ё) ҷавобгар, ки дар хусуси вақт ва маҳалли муҳокимаи судӣ ба таври дахлдор огоҳ карда шудаанд, суд ҳуқуқ дорад парвандаро дар ғоибии онҳо баррасӣ намояд.
4. Агар ба маҷлиси судӣ шахсони иштироккунандаи парванда ҳозир нашаванд, лекин суди иқтисодӣ ҳозир шудани онҳоро тибқи Кодекси мазкур ҳатмӣ эътироф карда бошад, суд метавонад шахсони зикргардидаро бо тартиб ва андозае, ки дар боби 11 Кодекси мазкур пешбинӣ шудааст, ҷарима бандад.
5. Ҳангоми ба маҷлиси судӣ ҳозир нашудани дигар шахсони иштироккунандаи парванда, ки дар хусуси вақт ва маҳалли муҳокимаи судӣ ба таври дахлдор огоҳ карда шудаанд, суд парвандаро дар ғоибии онҳо баррасӣ мекунад.
Моддаи 156. Оқибатҳои ба маҷлиси судӣ ҳозир нашудани экспертҳо, шоҳидон, тарҷумонҳо
1. Ҳангоми ба маҷлиси судӣ ҳозир нашудани экспертҳо, шоҳидон, тарҷумонҳо, ки дар хусуси вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ ба таври дахлдор огоҳ карда шудаанд, суди иқтисодӣ дар бораи мавқуф гузоштани муҳокимаи судӣ таъинот қабул мекунад, агар тарафҳо барои баррасии парванда дар ғоибии шахсони зикргардида дархост арз накарда бошанд.
2. Агар эксперт, шоҳид, тарҷумони ба маҷлиси судӣ даъватгардида бо сабабҳои аз ҷониби суд узрнок эътирофнашуда ба суд ҳозир нашаванд, суд метавонад онҳоро бо тартиб ва андозае, ки дар боби 11 Кодекси мазкур муқаррар гардидаанд, ҷарима бандад.
Моддаи 157. Мавқуф гузоштани муҳокимаи судӣ
1. Суди иқтисодӣ муҳокимаи судиро дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур, инчунин дар ҳолати ба маҷлиси судӣ ҳозир нашудани шахсони иштироккунандаи парванда, агар нисбати ин шахс суд дар бораи ба таври дахлдор дар хусуси вақт ва маҳалли муҳокимаи судӣ хабардор будани ӯ маълумот надошта бошад, мавқуф мегузорад.
2. Суди иқтисодӣ метавонад бо дархости ҳар ду тараф дар мавриди муроҷиати онҳо ба суд барои мусоидат кардан ба мақсади ба танзимдарории баҳс муҳокимаи судиро мавқуф гузорад.
3. Агар шахси иштироккунандаи парванда ба таври дахлдор дар хусуси вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ огоҳ буда, дар бораи мавқуф гузоштани муҳокимаи судӣ бо асоснок кардани сабаби ба маҷлиси судӣ ҳозир нашудан дархост арз намояд, суди иқтисодӣ метавонад муҳокимаи судиро мавқуф гузорад, агар сабабҳои ҳозир нашудани ӯро узрнок эътироф намояд.
4. Суди иқтисодӣ бо дархости шахси иштироккунандаи парванда бо сабаби узрнок ба маҷлиси судӣ ҳозир нашудани намояндаи ӯ, метавонад муҳокимаи судиро мавқуф гузорад.
5. Суди иқтисодӣ метавонад муҳокимаи судиро мавқуф гузорад, агар эътироф кунад, ки баррасии парванда дар маҷлиси судии мазкур имконнопазир мебошад, аз он ҷумла дар натиҷаи ҳозир нашудани яке аз шахсони иштироккунандаи парванда, дигар иштироккунандагони мурофиаи судии суди иқтисодӣ, инчунин ҳангоми қонеъ кардани дархости тараф дар бораи мавқуф гузоштани муҳокимаи судӣ вобаста ба зарурати аз ҷониби ӯ пешниҳод кардани далелҳои иловагӣ, ҳангоми анҷом додани дигар амалҳои мурофиавӣ.
6. Суди иқтисодӣ, ҳангоми мавқуф гузоштани муҳокимаи судӣ, агар дар маҷлиси судӣ тарафҳо иштирок дошта бошанд, ҳуқуқ дорад шоҳидони ҳозиршударо пурсад. Нишондодҳои ин шоҳидон дар маҷлиси судии нав эълон карда мешаванд. Даъвати такрории ин шоҳидон ба маҷлиси судии нав танҳо ҳангоми зарурат анҷом дода мешавад.
7. Муҳокимаи судӣ метавонад ба мӯҳлати бартараф кардани ҳолатҳое, ки барои мавқуф гузоштан асос шудаанд, лекин на зиёда аз даҳ рӯз мавқуф гузошта шавад. Пас аз ба муҳокимаи судӣ таъин кардани парванда муҳокимаи судӣ наметавонад аз се маротиба зиёд мавқуф гузошта шавад (қонуни ҶТ аз 17.12.2020 № 1731).
8. Суди иқтисодӣ дар бораи мавқуф гузоштани муҳокимаи судӣ таъинот мебарорад.
9. Суди иқтисодӣ шахсони иштироккунандаи парванда ва дигар иштироккунандагони мурофиаи судии суди иқтисодиро дар бораи вақт ва маҳалли маҷлиси нави судӣ бо забонхат огоҳ менамояд. Шахсони ба маҷлиси судӣ ҳозиршуда оид ба вақт ва маҳалли маҷлиси нави судӣ бевосита дар маҷлиси судӣ огоҳ карда мешаванд.
10. Муҳокимаи судӣ дар маҷлиси нави судӣ аз рӯзи мавқуфгузорӣ идома дода мешавад.
Моддаи 158. Ҳал намудани ариза ва дархостҳои шахсони иштироккунандаи парвандаи суди иқтисодӣ
1. Ариза ва дархостҳои шахсони иштироккунандаи парванда дар хусуси ба даст овардани созишнома оид ба ҳолатҳои парванда, ки моҳияти талаботи арзкарда ва норозигиҳои арзкарда, дар бораи талаб кардани далелҳои нав ва нисбати дигар масъалаҳои вобаста ба муҳокимаи судӣ аз ҷониби шахсони иштироккунандаи парванда асоснок карда шуда, ба таври хаттӣ пешниҳод карда мешаванд ё дар протоколи маҷлиси судӣ дарҷ мегарданд, аз ҷониби суди иқтисодӣ баъд аз шунидани фикри дигар иштирокчиёни парванда ҳал карда мешаванд.
2. Аз рӯи натиҷаҳои баррасии ариза ва дархостҳо суди иқтисодӣ таъинот мебарорад.
3. Ба шахсе, ки дархосташ рад карда шудааст, аз он ҷумла ҳангоми омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ дар маҷлиси пешакӣ ҳуқуқ дорад ин дархостро аз сари нав дар ҷараёни муҳокимаи судии минбаъда арз намояд.
Моддаи 159. Ариза дар бораи сохта будани далел
1. Агар иштироккунандаи парванда ба суди иқтисодӣ бо аризаи хаттӣ дар бораи сохта будани далелҳои пешниҳодкардаи дигар иштироккунандаи парванда муроҷиат намояд, суд:
- оқибатҳои ҷиноятӣ-ҳуқуқии чунин аризаро шарҳ медиҳад;
- далели баҳснокро бо розигии шахси онро пешниҳодкарда аз ҷумлаи далелҳо истисно мекунад;
- асоснокии ариза дар бораи сохта будани далелро месанҷад, агар шахси ин далелро пешниҳодкарда нисбати аз ҷумлаи далелҳо истисно кардани он норозигӣ арз намояд.
2. Дар ин маврид суди иқтисодӣ барои санҷиши ҳақиқӣ будани ариза дар бораи сохта будани далел чораҳои пешбининамудаи қонунро меандешад, аз он ҷумла экспертиза таъин мекунад, дигар далелҳоро талаб менамояд ё дигар чораҳоро меандешад.
3. Натиҷаи баррасии ариза дар бораи сохта будани далелро суди иқтисодӣ дар протоколи маҷлиси судӣ дарҷ мекунад.
Моддаи 160. Таҳқиқи далелҳо
1. Суди иқтисодӣ ҳангоми баррасии парванда бояд бевосита далелҳоро оид ба парванда таҳқиқ намояд: бо далели хаттӣ шинос шавад, далелҳои шайъиро аз назар гузаронад, баёноти шахсони иштироккунандаи парванда, нишондодҳои шоҳидон, хулосаҳои экспертҳоро шунавад, инчунит ҳамин хел баёнотҳо, нишондодҳо, хулосаҳоеро, ки дар шакли хаттӣ пешниҳод шудаанд, эълон намояд.
2. Шунидани сабти овоз ва тамошои сабтҳои видео аз ҷониби суди иқтисодӣ дар толори маҷлиси судӣ ё дигар бинои барои ин мақсадҳо махсус таҷҳизонидашуда сурат мегирад. Факти шунидани сабти овоз ва тамошои сабти видео дар протоколи маҷлиси судӣ дарҷ мегардад.
3. Суди иқтисодӣ ҳангоми таҳқиқи далелҳо созишномаи шахсони иштироккунандаи парвандаро дар бораи ба мувофиқа омадан нисбати ҳолатҳои парванда эълон менамояд.
4. Шахсони иштироккунандаи парванда ҳуқуқ доранд ба суди иқтисодӣ дар бораи далелҳои пешниҳодкардаашон ва далелҳое, ки суд бо дархости онҳо талаб кардааст, баёнот диҳанд, инчунин ба экспертҳо ва шоҳидони ба маҷлиси судӣ даъватшуда саволҳо диҳанд. Дар ин маврид якумин шуда ҳамон шахсе савол медиҳад, ки бо дархости ӯ экспертҳо ва шоҳидон даъват шудаанд  (қонуни ҶТ аз  02.04.2020 № 1687).
Моддаи 161. Танаффус дар маҷлиси судӣ
1. Суди иқтисодӣ аз рӯи дархости шахсони иштироккунандаи парванда ё бо ташаббуси худаш метавонад дар маҷлиси судӣ танаффус эълон кунад.
2. Танаффус дар маҷлиси судӣ мумкин аст ба мӯҳлати на зиёда аз панҷ рӯз эълон карда шавад.
3. Танаффус дар доираи рӯзи маҷлиси судӣ ва вақте, ки маҷлиси судӣ идома дода мешавад, дар протоколи маҷлиси судӣ дарҷ мегардад.
4. Дар бораи танаффус ба мӯҳлати дарозтар суди иқтисодӣ таъинот мебарорад, ки он дар протоколи маҷлиси судӣ дарҷ мегардад. Дар таъинот вақт ва маҳалли идома додани маҷлиси судӣ дарҷ мегардад.
5. Баъди анҷом ёфтани танаффус маҷлиси судӣ идома меёбад, ки дар ин бора раисикунанда дар маҷлиси судӣ эълон менамояд.
6. Шахсони иштироккунандаи парванда ва дар толори маҷлиси судӣ то эълон кардани танаффус ҳузурдошта ба таври дахлдор дар бораи вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ огоҳшуда ба ҳисоб мераванд ва ҳозир нашудани онҳо ба маҷлиси судӣ баъд аз анҷом ёфтани танаффус барои идома додани маҷлиси судӣ монеа шуда наметавонад.
Моддаи 162. Музокираҳои судӣ
1. Баъди таҳқиқи ҳамаи далелҳо раисикунандаи маҷлиси судӣ мӯайян менамояд, ки шахсони иштироккунандаи парванда оё хоҳиши маводи парвандаро пурра кардан доранд ё не. Ҳангоми мавҷуд набудани чунин аризаҳо раисикунандаи маҷлиси судӣ таҳқиқи далелҳоро хотимаёфта эълон мекунад ва суд ба музокираҳои судӣ шурӯъ менамояд.
2. Музокираҳои судӣ аз баромади шифоҳии шахсони иштироккунандаи парванда ва намояндагони онҳо иборат мебошад. Дар ин баромадҳо онҳо мавқеи худро оид ба парванда асоснок менамоянд.
3. Дар музокираҳои судӣ якумин шуда даъвогар ва (ё) намояндаи ӯ, пас аз он шахси сеюме, ки ба предмети баҳс талаботи мустақил арз намудааст ва (ё) намояндаи ӯ, ҷавобгар ва (ё) намояндаи ӯ баромад мекунанд. Шахси сеюме, ки ба предмети баҳс талаботи мустақилона арз накардааст, баъди даъвогар ё баъди ҷавобгаре, ки ба тарафдории ӯ дар парванда иштирок менамояд, баромад мекунад.
4. Прокурор, намояндаи мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва дигар мақомоте, ки ба суди иқтисодӣ тибқи моддаҳои 51 ва 52 Кодекси мазкур муроҷиат намудаанд, дар музокираҳои судӣ якумин шуда баромад мекунанд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1475).
5. Иштироккунандагони музокираҳои судӣ ҳуқуқ надоранд дар баромади худ ба ҳолатҳои муқаррарнакардаи суд, инчунин ба далелҳое, ки дар маҷлиси судӣ таҳқиқ нашудаанд ё суд онҳоро нораво эътироф кардааст, такя кунанд.
6. Баъди анҷоми баромади ҳамаи иштироккунандагони музокираҳои судӣ онҳо метавонанд ба ҳамдигар изҳори ақида кунанд. Ҳуқуқи охирини изҳори ақида ба ҷавобгар ва (ё) намояндаи ӯ тааллуқ дорад.
Моддаи 163. Аз нав оғоз намудани таҳқиқи далелҳо
1. Агар суди иқтисодӣ дар ҷараён ё баъди музокираҳои судӣ эътироф кунад, ки зарурати муайян намудани ҳолатҳои иловагӣ ё таҳқиқ намудани далелҳои нав мавҷуд аст, суд таҳқиқи далелҳоро аз нав оғоз менамояд ва дар ин бора дар протоколи маҷлиси судӣ қайд карда мешавад.
2. Баъди хатми таҳқиқи иловагии далелҳо музокираҳои судӣ тибқи тартиби умумӣ, ки Кодекси мазкур муқаррар кардааст, сурат мегирад.
Моддаи 164. Моҳиятан анҷом додани баррасии парванда
Баъди таҳқиқи далелҳо оид ба парванда ва музокираҳои судӣ раисикунандаи маҷлиси судӣ эълон мекунад, ки моҳиятан баррасии парванда анҷом ёфтааст ва суди иқтисодӣ барои қабули қарор ба хонаи алоҳида меравад, ки дар ин бора ба ҳозирини толори маҷлиси судӣ эълон карда мешавад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
БОБИ 20. ҲАЛНОМАИ СУДИ ИҚТИСОДӢ
Моддаи 165. Қабули ҳалнома
1. Ҳангоми моҳиятан ҳал намудани баҳс суди иқтисодии марҳилаи якум ҳалнома қабул менамояд. Ҳалнома аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мегардад.
2. Суди иқтисодӣ метавонад аз рӯи ҳар як талабот, ки дар як парванда якҷоя карда шудаанд, ҳалномаҳои алоҳида қабул намояд.
3. Ҳалнома дар доираи талаботи пешниҳоднамудаи даъвогар (аризадиҳанда) қабул карда мешавад (қонуни ҶТ аз  02.04.2020 № 1687).
4. Ҳалномаро судяҳои дар маҷлиси судӣ иштироккарда дар шароите, ки махфияти машварати судяҳоро таъмин мекунад, қабул менамоянд (қонуни ҶТ аз  02.04.2020 № 1687).
5. Дар хонаи алоҳида, ки суди иқтисодӣ машварат мегузаронад ва санади судиро қабул менамояд, танҳо шахсони ба ҳайати суд дохилбуда, ки парвандаро баррасӣ менамоянд, метавонанд ҳузур дошта бошанд. Дар ин хона ҳузур доштани шахсони дигар, инчунин дигар воситаҳои гуфтугузор бо шахсоне, ки ба ҳайати суд дохиланд манъ аст (қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 776, аз 02.04.2020 № 1687).
6. Судяҳои суди иқтисодӣ ҳуқуқ надоранд ба каси дигар маълумотро дар бораи мазмуни машварат ҳангоми қабули санади судӣ, дар бораи мавқеи судяҳои алоҳидаи ба ҳайати суд дохилбуда хабар диҳанд ва бо роҳҳои дигар махфияти машварати судяҳоро фош намоянд (қонуни ҶТ аз  02.04.2020 № 1687).
Моддаи 166. Масъалаҳое, ки ҳангоми қабули ҳалнома ҳал мегарданд
1. Ҳангоми қабули ҳалнома суди иқтисодӣ далелҳо ва ваҷҳҳои иштироккунандагони парвандаро, ки барои асосноккунии талаботҳо ва норозигиҳои худ пешниҳод кардаанд, баҳо медиҳад; муайян мекунад, ки кадом ҳолатҳои барои парванда аҳамиятдошта, муқаррар шудаанд ва кадом ҳолатҳо муқаррар карда нашудаанд, кадом қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба парванда бояд татбиқ карда шаванд; ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шахсони иштироккунандаи парвандаро муқаррар менамояд; қонеъ ё рад намудани даъворо ҳал мекунад.
2. Ҳангоми қабули ҳалнома суди иқтисодӣ масъалаҳои нигоҳ доштани амали тадбирҳои таъминотӣ ё дар бораи бекор кардани онҳо ё ин ки таъмини иҷрои ҳалномаро ҳал менамояд; ҳангоми зарурат тартиб ва мӯҳлати иҷрои ҳалномаро муқаррар мекунад; тақдири минбаъдаи далелҳои шайъиро муайян менамояд; хароҷоти судиро тақсим мекунад, инчунин дигар масъалаҳоеро, ки дар ҷараёни муҳокимаи судӣ пайдо мешаванд, ҳал менамояд.
3. Суди иқтисодӣ ҳангоми қабули ҳалнома зарурати ба таври иловагӣ таҳқиқ намудани далелҳо ё давом додани муайянсозии ҳолатҳои барои парванда аҳамиятдоштаро эътироф карда, муҳокимаи судиро аз нав оғоз менамояд ва дар ин бора таъинот мебарорад.
4. Агар мӯҳлати пешниҳоди ариза ба суд бо сабабҳои узрнок гузашта бошад, суд метавонад онро барқарор намояд.
Моддаи 167. Тартиб додани ҳалнома
1. Ҳалнома дар шакли хаттӣ (коғазӣ ва (ё) электронӣ) тартиб дода мешавад. Агар дар суди иқтисодӣ имконияти дар шакли электронӣ тартиб додани ҳалнома мавҷуд набошад, ҳалнома танҳо дар шакли хаттӣ (коғазӣ) таҳия карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1931).
2. Дар ҳалнома бояд асосҳои қабули он дарҷ гардад ва он бояд ба забони барои шахсони иштироккунандаи парванда ва дигар шахсон фаҳмо баён карда шавад.
3. Ба ҳалнома судя имзо мегузорад, дар ҳолати ба таври дастҷамъӣ баррасӣ кардани парванда бошад, ҳамаи судяҳое, ки дар қабули ҳалнома иштирок кардаанд, аз ҷумла судяи фикри махсусдошта низ имзо мегузоранд. Фикри махсус бояд дар шакли хаттӣ баён гардад, ки он эълон карда намешавад, лекин ба маводи парванда ҳамроҳ карда мешавад.
4. Ислоҳ ба ҳалнома бояд шарҳ дода шавад ва бо имзоҳои ҳамаи судяҳо дар хонаи машваратӣ то эълон кардани ҳалнома тасдиқ карда шавад.
5. Ҳангоми дар шакли электронӣ таҳия кардани ҳалнома иловатан нусхаи он дар шакли хаттӣ таҳия гардида, он низ ба парванда ҳамроҳ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1931).
Моддаи 168. Мазмуни ҳалнома
1. Ҳалномаи суди иқтисодӣ бояд аз қисмҳои муқаддимавӣ, баёнӣ, асосноккунонӣ ва хулосавӣ иборат бошад.
2. Дар қисми муқаддимавии ҳалнома бояд ин талабот дарҷ гардад:
- номи суди иқтисодие, ки ҳалномаро қабул кардааст;
- ҳайати суд;
- насаб, ном ва номи падари котиби маҷлиси судӣ (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869);
- рақами парванда;
- сана ва маҳалли қабул намудани ҳалнома;
- предмети баҳс;
- номи шахсони иштироккунандаи парванда;
- насаб, ном ва номи падари шахсоне, ки дар маҷлиси суд ҳузур доранд, бо нишон додани ваколатҳои онҳо (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869).
3. Дар қисми баёнии ҳалнома бояд ба таври мухтасар талабот ва норозигиҳои арзнамуда, баёнот ва дархостҳои иштироккунандаи парванда дарҷ гарданд.
4. Дар қисми асоснокунии ҳалнома бояд дарҷ гардад:
- ҳолатҳои воқеӣ ва дигар ҳолатҳои парванда, ки суди иқтисодӣ муқаррар кардааст;
- далелҳое, ки ба онҳо хулосаи суд оид ба ҳолатҳои парванда асос ёфтааст ва ваҷҳҳои тарафдории қарори қабулкарда; ваҷҳҳое, ки дар асоси он суд ин ё он далелро қабул ё рад кардааст, ваҷҳҳои шахсони иштироккунандаи парвандаро, ки барои асосноккунии талабот ва норозигиҳои худ пешниҳод кардаанд, қабул ё рад намудааст;
- қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки суд ҳангоми қабули ҳалнома ба роҳбарӣ гирифтааст ва ваҷҳҳое, ки дар асоси онҳо суд қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки шахсони иштироккунандаи парванда ба онҳо такя мекарданд, татбиқ накардааст.
5. Дар қисми асосноккунии ҳалнома инчунин асосноккунии қарорҳои қабулкардаи суд ва асосноккунии дигар масъалаҳое, ки дар қисми 8 моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, дарҷ мегарданд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869).
6. Ҳангоми даъворо эътироф намудани ҷавобгар дар қисми асосноккунии ҳалнома, инчунин оид ба эътирофи даъво аз ҷониби ҷавобгар ва аз ҷониби суд қабул гардидани он метавонад дарҷ гардад.
7. Дар қисми асосноккунии ҳалнома мумкин аст ба қарорҳои Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои таҷрибаи судӣ ишора карда шавад.
8. Қисми хулосавии ҳалнома бояд хулосаҳоро дар хусуси пурра ё қисман қонеъ ё рад намудани ҳар як талаботи арзнамуда, тақсими хароҷоти судӣ дар байни тарафҳо, мӯҳлат ва тартиби пешниҳоди шикоят ба ҳалномаро дар бар гирад.
9. Дар сурати пурра ё қисман қонеъ кардани даъвоҳои муқобили даъво дар қисми хулосавии ҳалнома маблағе, ки бояд дар натиҷаи ҳисоб ситонида шавад, дарҷ мегардад.
10. Агар суди иқтисодӣ тартиби иҷрои ҳалномаро муқаррар намояд ё барои таъмини он тадбирҳо андешад, он дар қисми хулосавии ҳалнома дарҷ карда мешавад.
Моддаи 169. Ҳалнома дар бораи ситонидани маблағ ва додани молу мулк
1. Ҳангоми қонеъ кардани даъво дар бораи ситонидани маблағ дар қисми хулосавии ҳалнома суди иқтисодӣ андозаи умумии маблағи ситонидашавандаро зимни алоҳида муайян кардани қарзи асосӣ, зарар, ноустуворона (ҷарима, пеня) ва фоизҳоро дарҷ менамояд.
2. Ҳангоми мансуб донистани молу мулк суди иқтисодӣ номгӯи молу мулкеро, ки ба даъвогар бояд дода шавад, арзиши он ва маҳалли воқеъ гардидани онро дарҷ менамояд.
Моддаи 170. Ҳалнома дар бораи ғайриқобили иҷро эътироф кардани ҳуҷҷати иҷро ё ҳуҷҷати дигар
Ҳангоми қонеъ кардани талабот аз рӯи баҳс дар хусуси ғайриқобили иҷро эътироф кардани ҳуҷҷати иҷро ё ҳуҷҷати дигар, ки мувофиқи он ситонидани бебаҳс (беаксептӣ) амалӣ карда мешавад, аз ҷумла дар асоси навиштаҷоти иҷроияи нотариус, дар қисми хулосавии ҳалнома суди иқтисодӣ номгӯй, рақам, санаи ҳуҷҷате, ки қобили иҷро нест ва маблағи пулие, ки аз ҳисоб бароварда намешавад, дарҷ мекунад.
Моддаи 171. Ҳалнома дар бораи бастан ё тағйир додани шартнома
Аз рӯи баҳсе, ки ҳангоми бастан ё тағйир додани шартнома ба амал омадааст, дар қисми хулосавии ҳалнома хулосаи суди иқтисодӣ дар бораи ҳар кадом шарти баҳсноки шартнома дарҷ карда мешавад, аз рӯи баҳс дар бораи маҷбуран бастани шартнома бошад, шартҳое, ки дар асоси онҳо тарафҳо ӯҳдадоранд шартнома банданд, дарҷ карда мешаванд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
Моддаи 172. Ҳалнома оид ба ӯҳдадор намудани ҷавобгар барои анҷом додани амалҳои муайян
1. Ҳангоми қабул намудани ҳалномае, ки ҷавобгарро барои анҷом додани амали муайяни ба интиқоли молу мулк ё маблағҳои пулӣ вобастанабуда ӯҳдадор мекунад, суди иқтисодӣ бояд дар ҳамин ҳалнома нишон диҳад, ки агар ҷавобгар ҳалномаро дар мӯҳлати муқарраргардида иҷро накунад, пас даъвогар ҳуқуқ дорад ин амалро бо роҳи ситонидани хароҷоти зарурӣ аз ҳисоби ҷавобгар анҷом диҳад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869).
2. Агар ин амалро танҳо ҷавобгар анҷом диҳад, суди иқтисодӣ дар ҳалнома мӯҳлатеро муқаррар менамояд, ки дар давоми он ҳалнома бояд иҷро карда шавад. Ҳалномае, ки ташкилотро барои иҷрои амали муайяни ба интиқоли молу мулк ё маблағҳои пулӣ вобастанабуда ӯҳдадор мекунад, аз ҷониби роҳбари он дар мӯҳлати муқаррарнамудаи суди иқтисодӣ иҷро карда мешавад. Дар сурати бе сабабҳои узрнок иҷро накардани ҳалнома суди иқтисодие, ки ҳалнома баровардааст, нисбат ба ҷавобгар чораҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро меандешад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869).
Моддаи 173. Ҳалнома ба манфиати якчанд даъвогар ё ба муқобили якчанд ҷавобгар
1. Ҳангоми қабул намудани ҳалнома ба манфиати якчанд даъвогар суди иқтисодӣ зикр менамояд, ки дар кадом қисм (ҳисса) он ба ҳар яки онҳо марбут аст ё зикр менамояд, ки ҳуқуқи талаб намудани он муштарак мебошад.
2. Ҳангоми қабул намудани ҳалнома ба муқобили якчанд ҷавобгар суди иқтисодӣ зикр менамояд, ки бо кадом ҳисса ҳар яке аз ҷавобгар бояд ҳалномаро иҷро кунанд ё зикр менамояд, ки ҷавобгарии онҳо муштарак мебошад.
Моддаи 174. Эълони ҳалнома
1. Ҳалномаи суди иқтисодӣ аз ҷониби раисикунандаи ҳамон маҷлиси судие, ки дар он парванда моҳиятан баррасӣ гардидааст, баъди қабули он эълон карда мешавад.
2. Дар маҷлиси судие, ки дар он моҳиятан баррасӣ кардани парванда хотима ёфтааст, метавонад танҳо қисми хулосавии ҳалнома эълон карда шавад. Дар ин ҳолат суди иқтисодӣ эълон мекунад, ки дар кадом вақт ҳалнома дар ҳаҷми пуррааш тайёр карда мешавад ва тартиби то маълумоти шахсони иштироккунандаи парванда расониданро шарҳ медиҳад.
3. Тайёр кардани ҳалнома дар ҳаҷми пуррааш ба мӯҳлати на зиёда аз панҷ рӯз метавонад мавқуф гузошта шавад. Санаи тайёр кардани ҳалнома дар ҳаҷми пуррааш санаи қабули ҳалнома ҳисоб карда мешавад.
4. Ҳангоми дар шакли электронӣ таҳия намудани қисми хулосавии ҳалнома иловатан нусхаи он дар шакли хаттӣ таҳия гардида, он низ ба парванда ҳамроҳ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1931).
5. Қисми хулосавии ҳалномаи эълоншударо ҳамаи судяҳои дар баррасии парванда ва қабули ҳалнома иштироккарда бояд имзо гузоранд ва ба парванда ҳамроҳ карда шавад.
6. Раисикунандаи маҷлиси судӣ баъд аз эълон кардани ҳалнома тартиби шикоят кардани онро шарҳ медиҳад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1931).
Моддаи 175. Фиристонидани ҳалнома ба шахсони иштироккунандаи парванда
1. Ҳалномае, ки дар шакли электронӣ тартиб дода шудааст, на дертар аз панҷ рӯзи пас аз қабул шудани он ба шахсони иштирокчии парванда бо ҷойгир намудани он дар сомонаи судҳои иқтисодӣ дар реҷаи дастрасии маҳдуд, ирсол карда мешавад. Нусхаи ҳалнома дар шакли хаттӣ (коғазӣ) бо дархости шахсони номбурда дар ҳамин мӯҳлат, тавассути почта бо мактуби фармоишӣ бо огоҳинома оид ба супоридан ирсол карда мешавад ва (ё) бо гирифтани забонхат ба онҳо супорида мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1931).
2. Дар баъзе ҳолатҳо ва аз рӯи тартибе, ки Кодекси мазкур пешбинӣ намудааст, суди иқтисодӣ нусхаи ҳалномаро ба шахсони дигар низ мефиристонад.
3. Барои такроран додани нусхаи ҳалнома ва дигар санадҳои судӣ аз шахсони иштироккунандаи парванда тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ" боҷи давлатӣ рӯёнида мешавад.
Моддаи 176. Ҳалномаи иловагӣ
1. Суди иқтисодии ҳалномаро қабулкарда то эътибори қонунӣ пайдо кардани он метавонад бо ташаббуси худ ё дар асоси аризаи иштироккунандаи парванда ҳалномаи иловагӣ кабул намояд, агар:
- оид ба ин ё он талаботе, ки шахсони иштироккунандаи парванда вобаста ба онҳо далелҳо пешниҳод намудаанд, аз ҷониби суд ҳалнома қабул карда нашуда бошад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776);
- суд масъаларо оид ба ҳуқуқ ҳал намуда, андозаи маблағи ба манфиати шахси дигар мансуб донисташуда, молу мулки интиқолшаванда ё амалеро, ки бояд ҷавобгар анҷом диҳад, дар ҳалнома зикр накарда бошад;
- суд масъалаи хароҷоти судиро ҳал накарда бошад.
2. Масъалаи қабул намудани ҳалномаи иловагиро суди иқтисодӣ дар маҷлиси судӣ ҳал менамояд. Шахсони иштироккунандаи парванда оид ба вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ огоҳ карда мешаванд. Ҳозир нашудани шахсони ба таври дахлдор огоҳ кардашуда барои баррасии масъала оид ба қабул намудани ҳалномаи иловагӣ монеа шуда наметавонад.
3. Ҳалномаи иловагӣ аз рӯи тартиби муқарраркардаи боби мазкур қабул карда мешавад.
4. Дар ҳолати рад намудани ҳалномаи иловагӣ таъинот бароварда мешавад.
5. Аз болои ҳалномаи иловагии суди иқтисодӣ ва таъиноти суди иқтисодӣ дар бораи рад намудани баровардани ҳалномаи иловагӣ шикоят кардан мумкин аст (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
6. Дар ҳолати бо сабабҳои узрнок гузаронидани мӯҳлати пешниҳоди ариза суд метавонад бо тартиби пешбининамудаи моддаи 116 Кодекси мазкур онро барқарор намояд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
Моддаи 177. Тавзеҳи ҳалнома. Ислоҳи иштибоҳ, саҳв ва хатоҳои арифметикӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869)
1. Ҳангоми норавшании ҳалнома суди иқтисодие, ки ин ҳалномаро қабул кардааст, ҳуқуқ дорад дар асоси аризаи шахсони иштироккунандаи парванда, бо пешниҳоди иҷрочии мақомоти иҷро, дигар мақомоте, ки ин ҳалномаро иҷро мекунад, бе тағйир додани мазмун онро тавзеҳ диҳад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869, аз 02.04.2020 № 1687, аз 02.04.2020 № 1687).
2. Тавзеҳи ҳалнома имконпазир аст, агар он иҷро нашуда бошад ва мӯҳлате, ки дар муддати он ҳалнома мумкин аст маҷбурӣ иҷро гардад, нагузашта бошад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869).
3. Суди иқтисодӣ, ки ҳалнома ва ё таъинотро қабул кардааст, бо аризаи шахсони иштироккунандаи парванда, иҷрочии мақомоти иҷро, дигар шахсони манфиатдор ё бо ташаббуси худ ҳуқуқ дорад иштибоҳ, саҳв ва хатои арифметикиро, ки дар санадҳои судӣ мавҷуданд, бе тағйир додани мазмуни онҳо ислоҳ (Қонуни ҶТ аз 02.04.2020 № 1687).
Нисбати масъалаҳои тавзеҳи ҳалнома, ислоҳи иштибоҳ, саҳв ва хатоҳои арифметикӣ суди иқтисодӣ дар мӯҳлати даҳ рӯзи баъди воридшавии ариза ба суд таъинот мебарорад, ки аз он шикоят намудан мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869).
Моддаи 178. Эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома
Ҳалномаи суди иқтисодӣ баъди гузаштани мӯҳлати як моҳ аз рӯзи қабули он эътибори қонунӣ пайдо мекунад, агар нисбати он шикояти кассатсионӣ пешниҳод нашуда бошад. Дар сурати пешниҳод шудани шикояти кассатсионӣ ҳалнома аз рӯзи қабули қарори марҳилаи кассатсионӣ эътибори қонунӣ пайдо мекунад, агар он бо қарори марҳилаи кассатсионӣ тағйир ё бекор карда нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869).
Моддаи 179. Шикоят кардан аз ҳалномаи суди иқтисодӣ
Нисбати ҳалномаи суди иқтисодие, ки эътибори қонунӣ пайдо накардааст, ба марҳилаи кассатсионӣ шикоят кардан мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869).
Нисбати ҳалномаи суди иқтисодие, ки эътибори қонунӣ пайдо кардааст, ба марҳилаи назоратӣ шикоят кардан мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869).
Моддаи 180. Иҷрои ҳалнома
1. Ҳалномаи суди иқтисодӣ баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани он, ба истиснои ҳолатҳои иҷрои фаврӣ, тибқи тартиби муқарраркардаи ҳамин Кодекс ва дигар қонунҳо иҷро карда мешавад.
2. Ҳалномаҳои суди иқтисодӣ дар хусуси парвандаҳо дар бораи баҳсталаб будани санадҳои ғайримеъёрии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомот, инчунин ҳалномаҳо дар хусуси парвандаҳо дар бораи баҳсталаб будани қарорҳо ва амали (беамалии) мақомоти зикргардида бояд фавран иҷро карда шаванд.
3. Суди иқтисодӣ метавонад тибқи аризаи даъвогар иҷрои фаврии ҳалномаро таъмин кунад, агар вобаста ба ҳолатҳои махсус ба таъхир гузоштани иҷрои он тавонад ба ситонанда зарари калон расонад ё худи иҷро имконнопазир гардад. Ба иҷрои фаврии ҳалнома ҳангоми аз ҷониби ситонанда аз эҳтимоли бекор карда шудани ҳалномаи судӣ (таъмини муқобил) таъмин кардани баргашти иҷро бо роҳи ба ҳисоби депозитии суди иқтисодӣ гузоштани маблағи муқарраркардаи суд ё ин ки пешниҳоди кафолати бонкӣ, замонат ё дигар таъминоти молиявӣ ба ҳамон маблағ иҷозат дода мешавад.
4. Масъалаи иҷозат додани иҷрои фаврии ҳалнома дар маҷлиси судӣ баррасӣ мегардад. Шахсони иштироккунандаи парванда оид ба вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ огоҳ карда мешаванд. Ҳозир нашудани шахсони ба таври дахлдор дар бораи вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ огоҳ кардашуда барои ҳалли масъалаи иҷрои фаврии ҳалномаи суди иқтисодӣ монеа шуда наметавонад.
5. Аз рӯи натиҷаи баррасии масъалаи иҷрои фаврии ҳалнома суди иқтисодӣ таъинот мебарорад, ки аз он шикоят намудан мумкин аст.
6. Нусхаи таъинот ба шахсони иштироккунандаи парванда на дертар аз рӯзи дигари рӯзи баровардани он фиристонида мешавад.
7. Шикоят намудан аз таъинот дар бораи фавран иҷро намудани ҳалнома иҷрои онро бознамедорад.
8. Суди иқтисодӣ аз рӯи аризаи шахсони иштироккунандаи парванда иҷрои ҳалномаро, ки барои иҷрои фаврӣ пешниҳод нашудааст, тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи боби 8 Кодекси мазкур таъмин менамояд.
Моддаи 181. Индексатсияи маблағҳои пулии муқарраркардаи суд
1. Суди иқтисодии марҳилаи якум, ки парвандаро баррасӣ намудааст, дар асоси аризаи ситонанда дар ҳолатҳо ва андозаҳое, ки дар қонунҳо ва шартнома пешбинӣ шудаанд, метавонад индексатсияи маблағҳои пулии аз ҷониби суд муқарраршударо дар рӯзи иҷрои ҳалномаи судӣ ҳал кунад.
2. Аризаи дар қисми 1 моддаи мазкур дарҷгардида дар маҷлиси судӣ дар мӯҳлати даҳ рӯзи баъди ба суд ворид гаштани ариза баррасӣ мегардад. Шахсони иштироккунандаи парванда оид ба вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ огоҳ карда мешаванд. Ҳозир нашудани шахсони иштироккунандаи парванда, ки ба таври дахлдор огоҳ карда шудаанд, барои баррасии ариза оид ба индексатсияи маблағи пулӣ муқаррар кардаи суд монеъ шуда наметавонад. Аз рӯи натиҷаи баррасии ариза таъинот бароварда мешавад, ки аз он шикоят кардан мумкин аст.
БОБИ 21. ТАЪИНОТИ СУДИ ИҚТИСОДӢ
Моддаи 182. Баровардани таъинот аз тарафи суди иқтисодӣ
1. Суди иқтисодӣ таъинотро дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар ҳолатҳое, ки ҳал кардани масъалаҳоро дар рафти мурофиаи судӣ талаб менамояд, қабул мекунад.
2. Таъинот аз тарафи суда иқтисодӣ дар шакли хаттӣ дар шакли санади алоҳидаи судӣ ё таъиноти протоколӣ бароварда мешавад.
3. Суди иқтисодӣ таъинотро дар шакли санади алоҳидаи судӣ дар ҳамаи ҳолатҳо бароварда метавонад, агар бо Кодекси мазкур имконияти шикоят намудан аз болои таъинот дар алоҳидагӣ аз шикоят намудан ба санади судӣ, ки бо он баррасии парванда моҳиятан анҷом меёбад, пешбинӣ шуда бошад. Дар дигар ҳолатҳо суди иқтисодӣ метавонад таъинотро дар шакли санади алоҳидаи судӣ ва таъиноти протоколӣ барорад.
4. Суди иқтисодӣ таъинотро дар шакли санади алоҳидаи судӣ дар ҳолате қабул карда метавонад, ки махфӣ будани машварати судяҳо ва қоидаҳои муқаррар намудани қабули қарорро таъмин намояд.
5. Таъиноти протоколиро суди иқтисодӣ аз толори маҷлиси судӣ набаромада, қабул мекунад. Агар парванда дар ҳайати дастҷамъӣ баррасӣ гардад, судяҳо дар ҷояшон, дар толори маҷлиси судӣ оид ба баровардани чунин таъинот машварат мекунанд. Таъиноти протоколӣ ба таври даҳонӣ эълон карда, дар протоколи маҷлиси судӣ дарҷ карда мешавад.
Моддаи 183. Мазмуни таъинот
1. Дар таъинот бояд маълумоти зерин зикр гардад:
- сана ва маҳалли қабули таъинот;
- номи суди иқтисодӣ, ки таъинотро қабул намудааст, насаб, ном ва номи падари судя ва котиби маҷлиси судӣ;
- ном ва рақами парванда;
- насаб, ном ва номи падари шахсони иштироккунандаи парванда, мавзӯи баҳс ё талаботи пешниҳодшуда;
- масъалае, ки вобаста ба он таъинот қабул карда шудааст;
- асосҳое, ки тибқи он суд хулосаи худро қабул намудааст, истинод ба қонун ва ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки суд ба роҳбарӣ гирифтааст;
- хулосаи суд;
- тартиб ва мӯҳлати пешниҳоди шикоят нисбат ба таъинот, агар нисбат ба он шикоят овардан мумкин бошад  (қонуни ҶТ аз 02.04.2020 № 1687).
2. Таъиноте, ки дар шакли алоҳидаи санади судӣ бароварда мешавад, аз тарафи судяҳо ва ё ҳайати суди иқтисодии таъинотро қабулнамуда имзо карда мешаванд.
3. Дар таъиноти протоколӣ бояд масъалае, ки аз рӯи он таъинот бароварда мешавад, асосҳое, ки суд тибқи он ба хулоса омадааст ва хулосаи суд оид ба натиҷаи баррасии ин масъала дарҷ карда мешавад.
Моддаи 184. Фиристодани таъинот
(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1931)
1. Таъиноте, ки дар шакли санади судии алоҳида қабул гардида, дар шакли электронӣ тартиб дода шудааст, на дертар аз як рӯзи пас аз қабул шудани он ба шахсони иштироккунандаи парванда ва шахсони дигари манфиатдор бо ҷойгир намудани он дар сомонаи судҳои иқтисодӣ дар реҷаи дастрасии маҳдуд, ирсол карда мешавад, агар дар Кодекси мазкур тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад. Бо дархости шахсони номбурда нусхаи таъиноте, ки дар шакли санади судии алоҳида дар шакли хаттӣ қабул гардидааст, ба онҳо дар мӯҳлати панҷ рӯз аз рӯзи ворид шудани дархости дахлдор ба суди иқтисодӣ тавассути почта бо мактуби фармоишӣ бо огоҳинома оид ба супоридан ирсол карда мешавад ва (ё) бо гирифтани забонхат супорида мешавад.
2. Агар таъинот танҳо дар шакли хаттӣ таҳия гардида бошад, суди иқтисодӣ нусхаи таъинотро ба шахсони номбурда дар мӯҳлати панҷ рӯз аз рӯзи қабули таъинот тавассути почта бо мактуби фармоишӣ бо огоҳинома оид ба супоридан, ирсол менамояд ва (ё) бо гирифтани забонхат супорида мешавад, агар дар Кодекси мазкур мӯҳлати дигаре пешбинӣ нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1931).
Моддаи 185. Иҷро намудани таъинот
Таъиноти суди иқтисодӣ фавран иҷро карда мешавад, ба шарте, ки тартиби дигарро Кодекси мазкур ё суди иқтисодӣ муайян накарда бошад.
Моддаи 186. Тартиб ва мӯҳлати шикоят намудан аз таъинот
1. Алоҳида аз шикояти санади судие, ки бо он моҳиятан баррасии парванда ба анҷом мерасад ва дар ҳолате, ки мувофиқи Кодекси мазкур шикоят аз рӯи ин таъинот пешбинӣ шуда бошад, инчунин агар он ба ҳаракати минбаъдаи парванда монеъ шавад, аз таъиноти суди иқтисодӣ шикоят намудан мумкин аст.
2. Нисбати таъиноте, ки шикоят намудани он бо Кодекси мазкур пешбинӣ нашудааст, инчунин нисбати таъиноти протоколӣ ҳангоми шикоят намудани санади судие, ки бо он моҳиятан баррасӣ намудани парванда ба анҷом мерасад, изҳори норозигӣ баён кардан мумкин аст (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
3. Шикоятнома аз таъинот дар мӯҳлати муқаррарнамудаи Кодекси мазкур дода мешавад.
Моддаи 186(1). Таъиноти хусусӣ
(Қонуни ЧТ аз 30.05.2017 № 1420)
1. Ҳангоми муайян кардани ҳолатҳои қонунвайронкунӣ, суд ҳуқуқ дорад таъиноти хусусӣ қабул карда, онро ба ташкилот ва шахсони мансабдори дахлдор ирсол намояд, ки онҳо ӯҳдадоранд дар мӯҳлати як моҳ аз тадбирҳои андешидаашон ба суд иттилоъ диҳанд.
2. Агар ҳангоми баррасии парванда суд дар амали тарафҳо, дигар иштирокчиёни мурофиа, шахси мансабдор ё дигар шахс аломати ҷиноятро ошкор намояд, маводи дахлдорро барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба қонунвайронкунанда ба мақомоти прокуратура ирсол менамояд.
3. Нисбат ба таъиноти хусусӣ шахсони иштирокчии парванда ва шахси нисбаташ таъиноти хусусӣ қабулгардида метавонанд шикояти хусусӣ пешниҳод намоянд (Қонуни ЧТ аз 30.05.2017 № 1420).
ФАСЛИ III. ИСТЕҲСОЛОТИ ПАРВАНДАҲО ДАР СУДИ ИҚТИСОДИИ МАРҲИЛАИ ЯКУМ, КИ АЗ МУНОСИБАТҲОИ ҲУҚУҚИИ МАЪМУРӢ ВА ДИГАРИ ОММАВӢ БАРМЕОЯНД
(Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776)
БОБИ 22. БАРРАСИИ ПАРВАНДАҲО ОИД БА МАВРИДИ БАҲС ҚАРОР ДОДАНИ САНАДҲОИ ҒАЙРИМЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ, ҚАРОРҲО ВА АМАЛИ (БЕАМАЛИИ) МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ, ДИГАР МАҚОМОТ ВА ШАХСОНИ МАНСАБДОР
Моддаи 187. Тартиби баррасии парвандаҳо оид ба мавриди баҳс қарор додани санадҳои ғайримеъёрии ҳуқуқӣ, карорҳо ва амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомот ва шахсони мансабдор
1. Парвандаҳо оид ба мавриди баҳс қарор додани санадҳои ғайримеъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳо ва амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомот ва шахсони мансабдор,  ки ба ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони дар соҳаи соҳибкорӣ ва фаъолияти дигари иқтисодӣ дахл мекунанд, аз тарафи суди иқтисодӣ аз рӯи тартиби умумӣ бо истеҳсолоти даъвогӣ, ки Кодекси мазкур пешбинӣ кардааст, бо хусусиятҳои муқарраркардаи боби мазкур ва нисбат ба қарор, амали (беамалии) иҷрочии мақомоти иҷробо талаботи пешбининамудаи моддаҳои 303 ва 304 ҳамин Кодекс баррасӣ карда мешаванд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776, аз 02.01.2018 № 1475, аз 02.04.2020 № 1687) .
2. Истеҳсолоти парвандаҳо оид ба мавриди баҳс қарор додани санадҳои ғайримеъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳо ва амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомот ва шахсони мансабдор дар асоси аризаи шахсони манфиатдор, ки ба суди иқтисодӣ бо талаби беэътибор донистани санадҳои ғайримеъёрии ҳуқуқӣ ва ё ғайриқонунӣ эътироф кардани қарорҳо, амали (беамалии) мақомот ва шахсони номбурда муроҷиат намудаанд, оғоз карда мешавад.
Моддаи 188. Ҳуқуқи муроҷиат ба суди иқтисодӣ бо ариза дар бораи беэътибор донистани санадҳои ғайримеъёрии ҳуқуқӣ, ғайриқонуни донистани қарорҳо ва амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомот ва шахсони мансабдор
1. Шаҳрвандон, ташкилотҳо, прокурор, инчунин мақомоти давлатӣ ва дигар шахсон метавонанд ба суди иқтисодӣ бо ариза дар бораи беэътибор донистани санадҳои ғайримеъёрии ҳуқуқӣ, ғайриқонунӣ донистани қарорҳо ва амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомот ва шахсони мансабдор муроҷиат намоянд, агар лозим донанд, ки санадҳои ғайримеъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳо ва амали (беамалии) мавриди баҳс қароргирифта ба қонун ва ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мувофиқат намекунанд ва ё ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳоро дар соҳаи соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ вайрон карда, ба онҳо ӯҳдадориҳои ғайриқонуниро вогузор мекунанд ё дигар мамониатро барои фаъолияти соҳибкорӣ ва ё фаъолияти иқтисодӣ ба вуҷуд меоранд.
2. Ариза дар бораи ғайриқонунӣ эътироф кардани санадҳои ғайримеъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳо ва амалӣ (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомот ва шахсони мансабдор дар суди иқтисодӣ дида баромада мешаванд, ки агар баррасӣ намудани онҳо мувофиқи қонун ба ваколати дигар судҳо вогузор карда нашуда бошад.
3. Ариза ба суди иқтисодӣ мумкин аст дар муддати се моҳ баъд аз рӯзе, ки шаҳрванд, ташкилот аз вайроншавии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худ огоҳ шудаанд, пешниҳод карда шавад, агар дар қонун тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
4. Агар мӯҳлати пешниҳоди ариза ба суд бо сабабҳои узрнок гузашта бошад, суд метавонад онро барқарор намояд.
Моддаи 189. Талабот нисбати ариза оид ба беэътибор донистани санадҳои ғайримеъёрии ҳуқуқӣ, ғайриқонунӣ донистани қарорҳо ва амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомот ва шахсони мансабдор
1. Ариза оид ба беэътибор эътироф кардани санадҳои ғайримеъёрии ҳуқуқӣ, ғайриқонунӣ донистани қарорҳо ва амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти дигар ва шахсони мансабдор бояд ба талаботи пешбининамудаи қисми 1, сархатҳои якум, дуюм ва даҳуми қисми 2, қисми 4 моддаи 124 Кодекси мазкур мувофиқат намояд.
2. Дар ариза инчунин бояд дарҷ карда шаванд:
- номи мақомот ва шахсе, ки санад, қарори баҳснокро қабул кардааст, амали (беамалии) баҳснокро содир намудааст;
- ном, рақам, санаи қабули санад, қарор ва вақти содиркунии амали баҳснок (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776);
- ҳуқуқ ва манфиатҳои қонуние,ки аз рӯи фикри аризадиҳанда аз ҷониби санад, қарор ва амали (беамалии) баҳснок вайрон карда мешаванд;
- қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба фикри аризадиҳанда ба онҳо санад, қарор ва амали (беамалии) баҳснок мувофиқат намекунанд;
- талаби аризадиҳанда дар бораи беэътибор донистани санади ғайримеъёрии ҳуқуқӣ, ғайриқонунӣ донистани қарор ва амал (беамалӣ);
Ба ариза ҳуҷҷатҳое, ки дар моддаи 125 Кодекси мазкур нишон дода шудаанд, инчунин санад ва қарори баҳснок замима карда мешаванд.
Бо дархости аризадиҳанда суди иқтисодӣ метавонад ҳаракати санад ва қарори баҳснокро боз дорад.
Моддаи 190. Муҳокимаи судии парвандаҳои мавриди баҳс қароргирифтаи санадҳои ғайримеъёрии ҳуқуқӣ қарорҳо ва амалии (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомот ва шахсони мансабдор
1. Парвандаҳо оид ба мавриди баҳс қарор додани санадҳои ғайримеъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳо ва амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомот ва шахсони мансабдорро судя дар мӯҳлати на дертар аз ду моҳ баъд аз рӯзи дохилшавии ариза ба суди иқтисодӣ, бо дарназардошти мӯҳлати омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ ва қабули ҳалнома, агар дар қонун мӯҳлати дигар муқаррар нашуда бошад, баррасӣ менамояд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
2. Суди иқтисодӣ аз вақт ва ҷои баргузории маҷлиси судӣ аризадиҳанда, ҳамчунин мақомот ё шахси мансабдореро, ки санад, қарори баҳснокро қабул кардаанд ё амали (беамалии) баҳснок содир кардаанд ва дигар шахсони манфиатдорро хабардор менамояд. Ҳозир нашудани шахсони номбурда, ки аз тарафи суд ба таври дахлдор аз вақт ва ҷои баргузории маҷлиси судӣ хабардор карда шуда буданд, барои баррасии парванда монеъ намешавад, агар суд, иштироки онҳоро ҳатмӣ нашуморида бошад.
3. Суди иқтисодӣ метавонад иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, мақомоти дигар ва шахсони мансабдор, ки санад, қарори баҳснокро қабул кардаанд ё амали (беамалии) баҳснок содир кардаанд, ба маҷлиси судӣ ҳатмӣ ҳисоб намуда, онҳоро ба маҷлиси судӣ даъват намояд. Ҳозир нашудани шахсони номбурдади аз тарафи суд ба таври дахлдор аз вақт ва ҷои баргузории маҷлиси судӣ хабардор карда шуда буданд, барои ҷаримабандӣ аз рӯи тартиб ва андозае, ки дар боби 11 Кодекси мазкур муқаррар карда шудааст, асос шуда метавонад.
4. Дар вақти баррасии парвандаҳо оид ба мавриди баҳс қарор додани санадҳои ғайримеъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳо ва амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомот ва шахсони мансабдор суди иқтисодӣ дар маҷлиси судӣ санади мавриди баҳс қарор гирифта ё баъзе ҳолатҳои алоҳидаи қарори баҳснок ва амалро (беамалиро)) санҷида, мувофиқати онҳоро ба қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар менамояд, ваколат доштани мақомот ва ё шахсеро, ки санад, қарори баҳснокро қабул кардаанд ё амали (беамалии) баҳснокро содир кардаанд, муқаррар менамояд, инчунин муқаррар мекунад, ки санад, қарор амали (беамалии) содиршуда ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии аризадиҳандаро дар соҳаи соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ вайрон кардааст ё не (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
5. Ӯҳдадории исбот намудани мутобиқати санадҳои ғайримеъёрии ҳуқуқии баҳсшаванда ба қонун ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қонунӣ будани қарорҳои қабулкардаи баҳснок, содир кардани амали (беамалии) мавриди баҳс қароргирифта, мавҷуд будани ваколати дахлдор доштани мақомот ва ё шахсе, ки ваколати дахлдор барои қабули санад, қарори баҳснок ва содир кардани амали (беамалии) мавриди баҳс қароргирифтаро дорад, инчунин ҳолатҳое, ки асос барои қабул кардани санад, қарори баҳснок, содир кардани амали (беамалии) мавриди баҳс қароргирифта гардидаанд, ба зиммаи мақомот ва шахсе, ки онро қабул кардааст, вогузошта мешавад.
6. Дар сурате, ки мақомот ё шахси санад, қарори баҳснокро қабул карда ё амали (беамалии) мавриди баҳс қароргирифтаро содир карда, далелҳои заруриро барои баррасии парванда ва қабули ҳалнома ба суди иқтисодӣ пешниҳод намекунад, суди иқтисодӣ метавонад онҳоро бо ташаббуси худ талаб намояд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
Моддаи 191. Ҳалномаи суди иқтисодӣ оид ба парвандаҳои мавриди баҳс қароргирифтаи санадҳои ғайримеъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳо ва амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомот ва шахсони мансабдор
1. Ҳалномаи суди иқтисодӣ оид ба парвандаҳои мавриди баҳс қароргирифтаи санадҳои ғайримеъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳо ва амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомот ва шахсони мансабдор аз тарафи суди иқтисодӣ бо тартиби муқаррарнамудаи боби 20 Кодекси мазкур қабул карда мешавад.
2. Дар қисми хулосавии ҳалномаи суди иқтисодӣ оид ба парвандаҳои мавриди баҳс қароргирифтаи санадҳои ғайримеъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳо ва амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомот ва шахсони мансабдор бояд талаботи зайл дарҷ карда шаванд:
- номи мақомот ва шахсе, ки санад ва қарори мавриди баҳс қароргирифтаро қабул кардааст, ном, рақами санаи қабули санад ва қарори мавриди баҳс қароргирифта;
- номи қонун ва ё дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба онҳо мувофиқат доштани амали (беамалии) ва қарори мавриди баҳс қароргирифта санҷида шудааст;
- санади мавриди баҳс қароргирифта беэътибор ё қарор пурра ё қисман ғайриқонунӣ дониста мешавад ва ӯҳдадор карда мешавад, ки ҳуқуқ ва ё манфиатҳои қонунии аризадиҳанда, ки вайрон карда шудааст, бартараф карда шавад ё талаби аризадиҳанда пурра ё қисман рад карда шавад.
3. Дар қисми хулосавии ҳалномаи суди иқтисодӣ оид ба парвандаҳои мавриди баҳс қароргирифта амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомот ва шахсони мансабдор оид ба рад намудани амали содиршуда дар қарори қабулкарда маълумотҳои зерин бояд дарҷ карда шаванд:
- номи мақомот ё шахси содиркардаи амал (беамалӣ), ки мавриди баҳс қарор гирифтааст ва аз содир кардани амал, қарор қабул кардан даст кашидааст; маълумот дар бораи амали (беамалии) қарорҳо;
- номи қонун ё дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба он мувофиқат доштани санад ва қарори мавриди баҳс қароргирифта санҷида шудааст;
- амали (беамалии) мавриди баҳс қароргирифта, ки ғайриқонунӣ эътироф карда мешавад ва ӯҳдадории мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ, мақомоти дигар ва шахсони мансабдор амали муайянеро иҷро намудан, қарор қабул кардан ва ё ба таври дигар ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии аризадиҳандаро, ки вайрон шудааст, дар мӯҳлати муайяннамудаи суд бартараф намуда ва ё талаботи аризадиҳанда қисман ва ё пурра рад карда мешавад.
4. Дар қисми хулосавии ҳалнома суди иқтисодӣ метавонад дар хусуси зарурати ба суд маълумот додани мақомоти дахлдор ва шахсро оид ба иҷрои ҳалнома дарҷ намояд.
5. Ҳалномаи суди иқтисодӣ оид ба парвандаҳои мавриди баҳс қароргирифтаи санадҳои ғайримеъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳо ва амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомот ва шахсони мансабдор фавран бояд иҷро карда шаванд, агар дар ҳалномаи судӣ мӯҳлати дигар муқаррар карда нашуда бошад.
6. Аз рӯзи қабули ҳалномаи суди иқтисодӣ оид ба беэътибор донистани санадҳои ғайримеъёрии ҳуқуқӣ ба таври пурра ё қисман санади зикргардида ё қисмҳои алоҳидаи он татбиқ карда намешавад.
7. Нусхаи ҳалномаи суди иқтисодӣ ба аризадиҳанда, мақомоти давлатӣ ё дигар мақомот, шахсони мансабдоре, ки санад, қарор ё амали (беамалии) мавриди баҳс қароргирифтаро қабул ё содир кардаанд, инчунин ба мақомот ё шахси болоӣ аз рӯи тартиби тобеият, ба прокурор, дигар шахсони манфиатдор фиристода мешавад.
БОБИ 23. БАРРАСИИ ПАРВАНДАҲО ОИД БА СИТОНИДАНИ ПАРДОХТҲОИ ҲАТМӢ ВА МУҶОЗОТ (САНКСИЯ)
Моддаи 192. Тартиби баррасии парвандаҳо оид ба ситонидани пардохтҳои ҳатмӣ ва муҷозот (санксия)
1. Парвандаҳо оид ба ситонидани пардохтҳои ҳатмӣ ва муҷозот (санксия) аз шахсоне, ки фаъолияти соҳибкорӣ ва иқтисодиро ба амал мебароранд, тибқи муқаррароти қонун аз тарафи суди иқтисодӣ аз рӯи қоидаҳои умумии истеҳсолоти даъвогӣ, ки Кодекси мазкур пешбинӣ кардааст, бо хусусиятҳои муқарраркардаи боби мазкур дида баромада мешаванд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
2. Баррасии парвандаҳо оид ба ситонидани пардохтҳои ҳатмӣ ва муҷозот (санксия) дар асоси аризаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти дигар, ки вазифаи назоратро ба амал мебароранд, бо талаботҳо оид ба ситонидан аз шахсоне, ки аз пардохтҳои ҳатмӣ, маблағи пулӣ ба ҳисоби пардохт ва муҷозот қарздоранд, аз тарафи суди иқтисодӣ оғоз карда мешавад.
Моддаи 193. Ҳуқуқи муроҷиат ба суди иқтисодӣ оид ба ситонидани пардохтҳои хатмӣ ва муҷозот (санксия)
1. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти дигар, ки тибқи қонун ваколати назоратро доро мебошанд (минбаъд мақомоти назоратӣ), инчунин прокурор, метавонанд ба суди иқтисодӣ бо ариза оид ба ситонидани пардохтҳои ҳатмӣ ва муҷозот (санксия) аз шахсоне, ки фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодиро ба амал мебароранд, муроҷиат намоянд, агар дар қонун тартиби дигари ситонидани онҳо пешбинӣ нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1899).
2. Ариза оид ба ситонидан ба суди иқтисодӣ дар сурати иҷро нашудани талаби аризадиҳанда оид ба ситонидани маблағи пулӣ ба таври ихтиёрӣ ва гузаштани мӯҳлати пардохт пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 194. Талабот нисбати ариза оид ба ситонидани пардохтҳои хатмӣ ва муҷозот (санксия)
1. Ариза оид ба ситонидани пардохтҳои ҳатмӣ ва муҷозот (санксия) бояд бо талаботи пешбининамудаи қисми 1,сархатҳои якум, дуюм ва даҳуми қисми 2, қисми 4 моддаи 124 Кодекси мазкур мувофиқат намояд.
2. Дар ариза бояд талаботи зайл дарҷ карда шаванд:
- номгӯи пардохте, ки бояд ситонида шавад, андоза ва ҳисоби маблағи он;
- меъёрҳои қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки пардохтро пешбинӣ кардаанд;
- фиристонидани маълумот дар бораи ихтиёран пардохт кардани маблағ.
3. Ба ариза оид ба ситонидани пардохтҳои ҳатмӣ ва муҷозот (санксия) ҳуҷҷатҳое, ки дар сархатҳои аз якум то чоруми моддаи 125 Кодекси мазкур зикр шудаанд, ва инчунин ҳуҷҷате, ки барои ихтиёран супоридани маблағ фиристода шуда буд, ҳамроҳ карда мешаванд.
Моддаи 195. Муҳокимаи судии парвандаҳо оид ба ситонидани пардохтҳои ҳатмӣ ва муҷозот (санксия)
(Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776)
1. Парвандаҳо оид ба ситонидани пардохтпулиҳои ҳатмӣ ва муҷозот (санксия) аз тарафи судя танҳо дар мӯҳлати на бештар аз як моҳи баъди дохилшавии ариза ба суди иқтисодӣ, бо дохил кардани мӯҳлати омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ ва қабули ҳалнома оид ба парванда, баррасӣ мешавад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
2. Суди иқтисодӣ оид ба вақт ва маҳалли баргузории парванда шахсони иштироккунандаи мурофиаро хабардор мекунад. Ҳозир нашудани шахсоне, ки аз вақт ва маҳалли баргузории маҷлиси судӣ огоҳ буданд, монеъи баррасии парванда намешаванд, агар суд иштироки онҳоро ҳатмӣ нашуморида бошад.
3. Суди иқтисодӣ метавонад иштироки шахсони иштироккунандаи мурофиаи судиро ҳатмӣ шуморида, барои додани баёнот дар мурофиаи судӣ онҳоро даъват намояд. Ҳозир нашудани шахсони зикргардида ба мурофиаи судӣ бе сабабҳои узрнок барои ситонидани ҷарима аз рӯи тартиб ва андозае, ки дар боби 11 Кодекси мазкур нишон дода шудааст, асос мегардад.
4. Ӯҳдадории исбот кардани ҳолатҳое, ки асос барои ситонидани пардохтҳои ҳатмӣ ва муҷозот мегардад, ба зиммаи аризадиҳанда вогузор карда мешавад.
5. Дар сурати пешниҳод накардани далелҳо оид ба баррасии парванда ва қабул кардани қарор аз тарафи аризадиҳанда, суди иқтисодӣ метавонад онҳоро бо ташаббуси худ талаб намояд.
6. Дар вақти баррасии парванда оид ба ситонидани пардохтҳои ҳатмӣ ва муҷозот (санксия) суди иқтисодӣ дар маҷлиси судӣ мавҷуд будани асосҳои ситонидани маблағи қарзӣ, ваколати мақомоти муроҷиаткунандаро оид ба талаби рӯёниш муқаррар намуда, дурустии ҳисоб ва андозаи маблағи ситонидашавандаро месанҷад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
Моддаи 196. Ҳалномаи суди иқтисодӣ оид ба ситонидани пардохтҳои ҳатмӣ ва муҷозот (санксия)
1. Ҳалномаи суди иқтисодӣ оид ба ситонидани пардохтҳои ҳатмӣ ва муҷозот (санксия) аз рӯи тартиби муқарраркардаи боби 20 Кодекси мазкур қабул карда мешавад.
2. Ҳангоми қонеъ гардонидани талабот оид ба ситонидани пардохҳои ҳатмӣ ва муҷозот (санксия) бояд дар қисми хулосавӣ ин чизҳо дарҷ карда шаванд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776):
- номи шахсе, ки маблағи қарзро бояд супорад, ҷои ҷойгиршавӣ ё маҳалли зист ва маълумот дар бораи қайди давлатии он (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776);
- ҳаҷми умумии маблағи ситонидашаванда дар алоҳидагӣ бо муайян кардани қарзи асосӣ ва муҷозот.
ФАСЛИ IV. ХУСУСИЯТҲОИ ИСТЕҲСОЛОТ АЗ РӮИ КАТЕГОРИЯҲОИ АЛОҲИДАИ ПАРВАНДАҲО ДАР СУДИ ИҚТИСОДӢ
БОБИ 24. БАРРАСИИ ПАРВАНДАҲО ОИД БА МУҚАРРАР КАРДАНИ ФАКТҲОЕ, КИ АҲАМИЯТИ ҲУҚУҚӢ ДОРАНД
Моддаи 197. Тартиби баррасии парвандаҳо оид ба муқаррар кардани фактҳое, ки аҳамияти ҳуқуқӣ доранд
1. Парвандаҳо оид ба муқаррар кардани фактҳое, ки аҳамияти ҳуқуқӣ доранд, дар суди иқтисодӣ ба таври умумӣ, дар истеҳсолоти даъвогӣ мутобиқи Кодекси мазкур бо хусусиятҳои алоҳидаи пешбининамудаи боби мазкур дида мешаванд.
2. Истеҳсолоти парвандаҳои оид ба муқаррар кардани фактҳое, ки аҳамияти ҳуқуқӣ доранд, аз тарафи суди иқтисодӣ дар асоси аризаи оид ба муқаррар кардани фактҳои аҳамияти ҳуқуқидошта оғоз карда мешаванд.
Моддаи 198. Парвандаҳо оид ба муқаррар кардани фактҳое, ки аҳамияти ҳуқуқӣ доранд
1. Суди иқтисодӣ фактҳои аҳамияти ҳуқуқидоштаро барои ба вуҷудоӣ, тағйирёбӣ ва қатъ гардидани ҳуқуқи шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ муқаррар мекунад.
2. Суди иқтисодӣ парвандаҳоро оид ба муқаррар кардани фактҳои зерин баррасӣ менамояд:
- факти доштан ва истифода бурдани моликият ҳамчун соҳибмулк аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ;
- факти бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар вақти муайян ва ҷои муайян;
- факти тааллуқ доштани ҳуҷҷати ҳуқуқмуайянкунанда дар соҳаи соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ агар номи шахсони ҳуқуқӣ, насаб, ном ва номи падари соҳибкори инфиродӣ, ки дар ҳуҷҷат нишон дода шудааст, бо номи шахсони ҳуқуқӣ аз рӯи ҳуҷҷати муассисон насаб, ном ва номи падари соҳибкори инфиродӣ бо шиносномаи вай ва ё шаҳодатномаи таваллуди ӯ мувофиқ наояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869);
- дигар фактҳое, ки оқибатҳои ғайриматлуби ҳуқуқиро дар соҳаи соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ ба вуҷуд меоранд.
Моддаи 199. Ҳуқуқи муроҷиат ба суди иқтисодӣ бо ариза оид ба муқаррар кардани фактҳое, ки аҳамияти ҳуқуқӣ доранд
1. Агар аризадиҳанда имконияти гирифтан ва ё барқарор кардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ин фактро надошта бошад ва агар қонун ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тартиби ғайрисудии муқарраркунии онро муайян накарда бошанд, шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ метавонад бо ариза ба суди иқтисодӣ оид ба муқаррар кардани фактҳое, ки аҳамияти ҳуқуқӣ доранд, муроҷиат намояд.
2. Ариза оид ба муқаррар кардани фактҳое, ки аҳамияти ҳуқуқӣ доранд, ба суди иқтисодӣ ба ҷои ҷойгиршавӣ ё маҳалли зисти аризадиҳанда пешниҳод карда мешавад, ба истиснои ариза оид ба муқаррар кардани фактҳои соҳибӣ, истифодабарӣ ва ихтиёрдорӣ намудани молу мулк ва дигар фактҳои аҳамияти ҳуқуқидошта, ки барои пайдошавӣ, тағйирёбӣ ва қатъгардии ҳуқуқ ба моликият ба маҳалли ҷойгиршавии моликият пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 200. Талабот нисбати ариза оид ба муқаррар кардани фактҳое, ки аҳамияти ҳуқуқӣ доранд
1. Ариза оид ба муқаррар кардани фактҳое, ки аҳамияти ҳуқуқӣ доранд, бояд ба талаботи пешбининамудаи қисми 1, сархатҳои якум, дуюм ва даҳуми қисми 2 моддаи 124 Кодекси мазкур мувофиқат намоянд.
2. Дар ариза бояд талаботи зайл дарҷ карда шаванд:
- факте, ки оид ба он аризадиҳанда дархост мекунад;
- меъёрҳои қонуне, ки пайдошавии оқибатҳои ҳуқуқии чунин фактро дар соҳаи соҳибкорӣ ва фаъолияти дигари иқтисодӣ пешбинӣ мекунад;
- асоснокии зарурати муқаррар кардани факти мазкур;
- далелҳои тасдиқкунандае, ки ғайриимкон будани гирифтани ҳуҷҷати дахлдор ва ё барқарор кардани ҳуҷҷати гумшударо аз тарафи аризадиҳанда тасдиқ мекунанд.
3. Ба ариза оид ба муқаррар кардани фактҳое, ки аҳамияти ҳукуқӣ доранд, ҳуҷҷатҳои дар сархатҳои аз дуюм то чоруми моддаи 125 Кодекси мазкур нишондодашуда ҳамроҳ карда мешаванд.
Моддаи 201. Муҳокимаи судии парвандаҳо оид ба муқаррар кардани фактҳое, ки аҳамияти ҳуқуқӣ доранд
(Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776)
1. Парвандаҳо оид ба муқаррар кардани фактҳое, ки аҳамияти ҳуқуқӣ доранд, аз тарафи судя танҳо дар маҷлиси судӣ бо иштироки шахсони дигари манфиатдор баррасӣ мегардад.
2. Дар вақти омода намудани парванда ба муҳокима судя доираи шахсони манфиатдорро муайян намуда, ба парвандае, ки дар вақти муқаррар кардани фактҳои аҳамияти ҳуқуқидошта ба ҳуқуқи онҳо дахл мекунад, аз мурофиаи парванда хабардор мекунад, барои иштирок намудан дар баррасии ин масъала ҷалб намуда, аз ҷой ва вақти баргузории маҷлиси судӣ хабардор менамояд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
3. Дар вақти баррасии парванда оид ба муқаррар кардани фактҳое, ки аҳамияти ҳуқуқӣ доранд, суди иқтисодӣ дар маҷлиси судӣ месанҷад, ки оё бо қонун ё санади дигари меъёрии ҳуқуқӣ тартиби ғайрисудии муқаррар кардани чунин факт пешбинӣ шудааст ё не, аризадиҳанда имконияти бо роҳи дигар гирифтан ва ё барқарор намудани ҳуҷҷатҳои заруриро дорад ё не, муқаррар кардани чунин факт барои аризадиҳанда оид ба баамалбарории соҳибкорӣ ва ё дигар фаъолияти иқтисодӣ оқибатҳои ҳуқуқӣ ба вуҷуд меоранд ё не, маълум мекунад, ки оё муқаррар кардани чунин факт ҳуқуқи дигар шахсонро халалдор намекунад ё ин ки баҳс оид ба ҳуқуқ пайдо шудааст ё не (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
4. Дар ҳолате, ки агар дар рафти муҳокимаи судии парванда дар бораи муқаррар кардани факти дорои аҳамияти ҳуқуқӣ маълум шавад, ки баҳс оид ба ҳуқуқ пайдо шудааст, суди иқтисодӣ аризаро дар бораи муқаррар кардани факти дорои аҳамияти ҳуқуқӣ бе баррасӣ мононда, дар ин бора таъинот мебарорад. Дар таъинот фаҳмонида мешавад, ки ҳуқуқи аризадиҳанда ва дигар шахсони ба парванда манфиатдор оид ба ҳал кардани баҳс аз рӯи тартиби истеҳсолоти даъвогӣ ҳал карда мешавад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
Моддаи 202. Ҳалномаи суди иқтисодӣ оид ба парвандаҳои муқаррар кардани фактҳое, ки аҳамияти ҳуқуқӣ доранд
1. Ҳалнома оид ба муқаррар кардани фактҳое, ки аҳамияти ҳуқуқӣ доранд, аз тарафи суди иқтисодӣ бо тартиби муқаррарнамудаи боби 20 Кодекси мазкур қабул карда мешавад.
2. Дар вақти қонеъ гардонидани ариза оид ба муқаррар кардани фактҳое, ки аҳамияти ҳуқуқӣ доранд, дар қисми хулосавии ҳалнома ҷой доштани факти аҳамияти ҳуқуқӣ дошта нишон дода шуда ва факти муқарраркардашуда дарҷ карда мешавад.
3. Ҳалномаи суди иқтисодӣ оид ба парвандаҳои муқаррар кардани фактҳои аҳамияти ҳуқуқидошта барои бақайдгирии ҳамон факт ё ба расмиятдарории ҳуқуқ, ки бо натиҷаи муқаррар кардани факт вобаста аст, барои мақомоти дахлдор асос мебошад ва ҳуҷҷатҳоеро, ки ин мақомот медиҳад, иваз карда наметавонад.
БОБИ 24(1). БАРРАСИИ ПАРВАНДАҲО ОИД БА БАРҚАРОР КАРДАНИ ПАРВАНДАИ СУДИИ ГУМШУДА
(Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 937)
Моддаи 202(1). Тартиби баррасии парвандаҳо оид ба барқарор кардани парвандаи судии гумшуда
(Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 937)
1. Парвандаҳо оид ба пурра ё қисман барқарор кардани парвандаи судии гумшуда, ки бо қабули ҳалнома ё баровардани таъинот дар хусуси қатъи мурофиаи судии парванда хотима ёфтааст, дар суди иқтисодӣ ба таври умумӣ, дар истеҳсолоти даъвогӣ мутобиқи Кодекси мазкур бо хусусиятҳои алоҳидаи пешбининамудаи боби мазкур баррасӣ карда мешаванд.
2. Истеҳсолоти парвандаҳо оид ба барқарор кардани парвандаи судии гумшуда аз тарафи суди иқтисодӣ дар асоси аризаи шахсони иштироккунандаи парвандаи гумшуда оид ба барқарор кардани парвандаи судии гумшуда оғоз карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 937).
Моддаи 202(2). Талабот нисбати ариза оид ба барқарор кардани парвандаи судии гумшуда
(Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 937)
1. Ариза оид ба барқарор кардани парвандаи судии гумшуда ба суди иқтисодие, ки вобаста ба моҳияти баҳс ҳалнома қабул кардааст ё дар хусуси қатъи истеҳсолоти судӣ оид ба парванда таъинот баровардааст, пешниҳод карда мешавад.
2. Ариза оид ба барқарор кардани парвандаи судии гумшуда бояд ба талаботи пешбининамудаи қисми 1, сархатҳои якум ва дуюми қисми 2 моддаи 124 Кодекси мазкур, мувофиқат намояд.
3. Дар ариза бояд талаботи зайл дарҷ карда шаванд:
- аризадиҳанда маҳз дар хусуси барқарор кардани кадом парвандаи судӣ хоҳиш намудааст, оё суди иқтисодӣ нисбат ба он моҳиятан ҳалнома қабул кардааст ё баррасии парванда қатъ гардидааст;
- аризадиҳанда дар парванда кадом мавқеи мурофиавиро ишғол менамуд, дар парванда боз кӣ ва бо кадом мавқеи мурофиавӣ иштирок дошт, маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии ин шахсон;
- аризадиҳанда дар бораи ҳолатҳои гум шудани парванда ё маҳалли ҷойгиршавии нусхаи парванда чӣ гуна маълумот дорад;
- аризадиҳанда маҳз барқарор кардани кадом ҳуҷҷатҳоро зарур мешуморад ва барқарор кардани онҳо барои кадом мақсадҳо заруранд.
4. Ба ариза ҳуҷҷатҳои мавҷуда ва марбут ба парванда ё нусхаҳои онҳо, ҳатто агар бо тартиби муқарраргардида тасдиқ карда нашуда бошанд ҳам, замима мегарданд.
5. Аризадиҳанда аз пардохти хароҷоти судӣ, ки ҳангоми баррасии парванда оид ба барқарор кардани парвандаи судии гумшуда масраф шудааст, озод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 937).
Моддаи 202(3). Баррасии судии парвандаҳо оид ба барқарор кардани парвандаи судии гумшуда
(Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 937)
Парвандаҳо оид ба барқарор кардани парвандаи судии гумшуда аз тарафи судя танҳо дар маҷлиси судӣ бо иштироки шахсони манфиатдор баррасӣ мегарданд (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 937).
Моддаи 202(4). Беҳаракат ё бе баррасӣ мондани ариза оид ба барқарор кардани парвандаи судии гумшуда
(Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 937)
1. Суди иқтисодӣ ҳангоми дар ариза оид ба барқарор кардани парвандаи судии гумшуда баён накардани мақсадҳои дахлдори муроҷиат онро беҳаракат мемонад ва ба аризадиҳанда мӯҳлатеро муайян менамояд, ки барои зикри мақсадҳо заруранд.
2. Агар мақсади муроҷиати зикрнамудаи аризадиҳанда ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии он алоқаманд набошад, суди иқтисодӣ оғози истеҳсолоти парвандаро ҷиҳати барқарор кардани парвандаи судии гумшуда рад менамояд ё агар истеҳсолоти парванда оғоз шуда бошад, тибқи таъиноти асоснок аризаро бе баррасӣ мемонад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 937).
Моддаи 202(5). Рад намудани ариза оид ба барқарор кардани парвандаи судии гумшуда
(Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 937)
1. Парвандаи судие, ки то моҳиятан баррасӣ намудани парванда гум шудааст, барқарор карда намешавад. Дар ин ҳолат даъвогар ҳуқуқ дорад даъвои нав пешниҳод кунад. Дар таъинот дар бораи оғози парванда оид ба даъвои нав вобаста ба гум кардани парвандаи судӣ ин ҳолат бояд ҳатман инъикос гардад.
2. Суди иқтисодӣ ҳангоми баррасии парванда мутобиқи даъвои нав қисми боқимондаи парванда, ҳуҷҷатҳоеро, ки аз парванда то гум шудани он ба шаҳрвандон ва ташкилотҳо дода шудаанд, нусхаи ин ҳуҷҷатҳо, дигар ҳуҷҷатҳои марбут ба парвандаро истифода мебарад.
3. Суди иқтисодӣ метавонад ба сифати шоҳид шахсонеро, ки ҳангоми анҷом додани амали мурофиавӣ иштирок доштанд ва ҳангоми зарурат судяҳоеро, ки парвандаи гумшударо баррасӣ намудаанд, инчунин шахсони иҷрокунандаи ҳалномаро мавриди пурсиш қарор диҳад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 937).
Моддаи 202(6). Ҳалнома дар бораи барқарор кардани парвандаи судии гумшуда
(Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 937)
1. Ҳалнома ё таъинот дар бораи қатъи парвандаи судӣ, агар он вобаста ба парванда қабул гардида бошад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 2027 Кодекси мазкур, бояд барқарор карда шавад.
2. Дар ҳалнома дар бораи барқарор кардани парвандаи судии гумшуда ё таъинот дар бораи қатъи парвандаи судӣ зикр мегардад, ки дар асоси кадом далелҳои ба суд пешниҳодшуда ва дар маҷлиси судӣ дар ҳузури ҳамаи шахсони иштироккунандаи мурофиаи судӣ таҳқиқгардида суди иқтисодӣ мӯҳтавои ҳалномаи барқароршавандаро барқароршуда ҳисоб мекунад.
3. Дар қисми асосноккунии ҳалнома оид ба барқарор кардани парвандаи судии гумшуда хулосаи суди иқтисодӣ оид ба ҳолатҳои исботшуда, ки суди иқтисодӣ муҳокима намудааст, инчунин дар хусуси амали мурофиавии иҷрогардида вобаста ба парвандаи гумшуда зикр карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 937).
Моддаи 202(7). Қатъ намудани баррасии парванда оид ба барқарор кардани парвандаи судии гумшуда
(Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 937)
1. Ҳангоми нокифоя будани маводи ҷамъшуда барои аниқ барқарор намудани ҳалнома вобаста ба парвандаи судии гумшуда суди иқтисодӣ бо таъинот баррасии парвандаро дар хусуси барқарор кардани парвандаи судии гумшуда қатъ менамояд ва ба шахсони иштироккунандаи парванда ҳуқуқи пешниҳоди даъворо бо тартиби умумӣ тавзеҳ медиҳад.
2. Баррасии ариза оид ба барқарор кардани парвандаи судии гумшуда бо мӯҳлати нигаҳдории он маҳдуд карда намешавад. Ҳангоми муроҷиат бо ариза оид ба барқарор кардани парвандаи судии гумшуда бо мақсади иҷрои он, агар мӯҳлати пешниҳоди варақаи иҷро барои иҷрои даъво гузашта бошад ва онро суди иқтисодӣ барқарор накунад, суди иқтисодӣ ҳамчунин баррасии парвандаро дар бораи барқарор кардани парвандаи судии гумшуда қатъ менамояд (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 937).
Моддаи 202(8). Тартиби пешниҳоди шикоят нисбат ба санадҳои судӣ дар бораи парвандаҳо оид ба барқарор кардани парвандаи судии гумшуда
(Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 937)
1. Нисбат ба санадҳои судие, ки бо барқарор кардани парвандаи судии гумшуда алоқаманданд, бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур шикоят кардан мумкин аст.
2. Ҳангоми дидаю дониста пешниҳод кардани аризаи бардурӯғ хароҷоти судӣ вобаста ба оғози парванда тибқи ариза оид ба барқарор кардани парвандаи судии гумшуда аз аризадиҳанда ситонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 937).
БОБИ 25. БАРРАСИИ ПАРВАНДАҲО ОИД БА МУФЛИСШАВӢ
Моддаи 203. Тартиби баррасии парвандаҳо оид ба муфлисшавӣ
1. Парвандаҳо оид ба муфлисшавӣ аз тарафи суди иқтисодӣ бо тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур ва бо хусусиятҳои қонуне, ки масъалаи муфлисшавиро танзим мекунад, баррасӣ мегардад.
2. Парвандаҳо оид ба муфлисшавӣ аз тарафи ҳайати дастҷамъии судяҳо баррасӣ карда мешавад, агар дар қонуне, ки масъалаи муфлисшавиро ба танзим медарорад, тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
3. Таъиноте, ки аз тарафи суди иқтисодӣ дар вақти баррасии парвандаҳо оид ба муфлисшавӣ бароварда мешавад ва тартиби аз он шикоят намудан дар Кодекси мазкур ва дигар қонунҳое, ки масъалаи муфлисшавиро ба танзим медароранд, пешбинӣ шудааст ба таври алоҳида аз санади судӣ, ки бо баррасии пурраи парванда ба анҷом мерасад, мумкин аст ба марҳилаи кассатсионии суди иқтисодӣ дар мӯҳлати 10 рӯз баъд аз рӯзи қабул шуданаш шикоят карда шавад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776, аз 03.07.2012 № 869).
Моддаи 204. Ҳуқуки муроҷиат ба суди иқтисодӣ оид ба парвандаҳои муфлисшавӣ
Бо ариза оид ба муфлис эътироф намудани қарздор ба суди иқтисодии маҳалли ҷойгиршавии қарздор ҳуқуқ доранд худи қарздор, кредитор ва дигар шахсони манфиатдор мутобиқи қонуне, ки масъалаҳои муфлисшавиро ба танзим медароранд, муроҷиат намоянд.
Моддаи 205. Созиши оштӣ оид ба парвандаҳои муфлисшавӣ
(Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1539)
Оид ба парвандаҳои муфлисшавӣ мувофиқи қонун мумкин аст созиши оштӣ баста шавад, инчунин дигар тартиби созиш, ки дар боби 15 Кодекси мазкур ва дигар қонунҳо, ки масъалаи муфлисшавиро ба танзим медароранд, иҷозат дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1539).
БОБИ 26. БАРРАСИИ ПАРВАНДАҲО БО ТАРТИБИ ИСТЕҲСОЛОТИ СОДДАКАРДАШУДА
Моддаи 206. Шартҳои баррасии парвандаҳо бо тартиби истеҳсолоти соддакардашуда
1. Дар ҳолате, ки талаби даъвогар хислати бебаҳс дорад ва аз тарафи ҷавобгар эътироф карда мешавад ё даъво барои маблағи ночиз пешниҳод карда шуда бошад, парвандаҳо бо тартиби истеҳсолоти соддакардашуда баррасӣ карда мешавад.
2. Парвандаҳо аз рӯи тартиби истеҳсолоти соддакардашуда бо дархости даъвогар, дар сурати норозӣ набудани ҷавобгар ва ё бо пешниҳоди суди иқтисодӣ зимни мувофиқа бо тарафҳо баррасӣ карда мешавад.
Моддаи 207. Парвандаҳое, ки бо тартиби истеҳсолоти соддакардашуда баррасӣ карда мешаванд
Бо тартиби истеҳсолоти соддакардашуда парвандаҳои зеринро баррасӣ намудан мумкин аст:
- оид ба талаби молу мулк, ки бо ҳуҷҷатҳо оид ба қарзҳояшон барои пардохти музди истифодаи қувваи барқ, газ, об, гармдиҳӣ, хизмати алоқа, пардохти маблағи иҷора ва дигар хароҷотҳое, ки ба истифодаи бино бо мақсади соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ асос ёфтаанд, тасдиқ мегардад;
- оид ба даъвоҳое, ки даъвогар бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ӯҳдадориҳои молу мулкии ҷавобгарро тасдиқ мекунад, аммо ҷавобгар ин ӯҳдадориҳоро эътироф кунад ҳам, вале онҳоро иҷро намекунад;
- оид ба даъвоҳои шахсони ҳуқуқӣ ба маблағи то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки дар қонун муқаррар карда шудааст, бо даъвои соҳибкорони инфиродӣ бошад, ба маблағи то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки дар қонун муқаррар карда шудааст.
Моддаи 208. Муҳокимаи судӣ оид ба парвандаҳои истеҳсолоти соддакардашуда
(Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776)
1. Парвандаҳои истеҳсолоти соддакардашуда аз тарафи суди иқтисодӣ бо тартиби умумии истеҳсолоти даъвогӣ, ки Кодекси мазкур пешбинӣ мекунад, бо хусусиятҳои муқарраркардаи ҳамин боб баррасӣ карда мешаванд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
2. Парвандаҳои истеҳсолоти соддакардашуда аз тарафи судя танҳо дар мӯҳлати на дертар аз як моҳ аз рӯзи дохилшавии аризаи даъвогӣ ба суди иқтисодӣ, бо назардошти мӯҳлати омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ ва қабули ҳалнома оид ба парванда баррасӣ карда мешавад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
3. Дар таъиноти қабули аризаи даъвогӣ ба истеҳсолоти суди иқтисодӣ имконияти баррасии парвандаро бо тартиби истеҳсолоти соддакардашуда нишон дода, ба тарафҳо барои баён намудани норозигӣ оид ба баррасии парванда аз рӯи тартиби мурофиаи соддакардашуда, инчунин барои пешниҳод намудани дархост ба аризаи пешниҳодшуда ва дигар далелҳо понздаҳ рӯз мӯҳлат муқаррар менамояд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
4. Дар вақти баррасии парванда аз рӯи тартиби истеҳсолоти соддакардашуда маҷлиси судӣ бе даъвати тарафҳо гузаронида мешавад. Суд танҳо далелҳои хаттӣ, инчунин дархост, баёнот ва дигар ҳуҷҷатҳоро аз рӯи моҳияти кор дар шакли хаттӣ талаб карда, таҳлил менамояд.
5. Дар ҳолате, ки қарздор нисбати талаби ариза, инчунин нисбати баррасии парванда аз рӯи тартиби истеҳсолоти соддакардашуда норозигӣ кунад, суди иқтисодӣ оид ба баррасии ин парванда тибқи тартиби умумии истеҳсолоти даъвогӣ мувофиқи талаботи Кодекси мазкур таъинот мебарорад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
Моддаи 209. Ҳалнома оид ба парвандаҳое, ки тибқи тартиби истеҳсолоти соддакардашуда баррасӣ мешаванд
1. Ҳалнома аз рӯи натиҷаи баррасии парванда тибқи тартиби истеҳсолоти соддакардашуда танҳо дар ҳолате қабул карда мешавад, ки қарздор норозигии худро оид ба талаботи ариза дар мӯҳлати муқарраркардаи суд пешниҳод накунад.
2. Ҳалнома оид ба парвандаҳое, ки тибқи тартиби истеҳсолоти соддакардашуда баррасӣ шудаанд, аз рӯи тартиби муқарраркардаи боби 20 Кодекси мазкур қабул карда мешавад.
3. Нусхаи ҳалнома ба тарафҳо ва иштироккунандагони парванда на дертар аз рӯзи дигари қабули ҳалнома фиристонида мешавад. Агар ҳалномаи судӣ дар шакли электронӣ тартиб дода шуда бошад, нусхаи он на дертар аз рӯзи дигари қабули он дар сомонаи судҳои иқтисодӣ дар реҷаи дастрасии маҳдуд ҷойгир карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1931).
4. Аз ҳалнома дар мӯҳлати на дертар аз як моҳ баъд аз рӯзи қабули он ба марҳилаи кассатсионӣ шикоят намудан мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869).
БОБИ 27. БАРРАСИИ ПАРВАНДАҲО ОИД БА ҲАЛНОМАҲОИ СУДҲОИ ҲАКАМИИ МАВРИДИ БАҲС ҚАРОРГИРИФТА ВА ДАР ХУСУСИ ДОДАНИ ВАРАҚАИ ИҶРО ДАР БОРАИ БА ТАВРИ МАҶБУРӢ ИҶРО НАМУДАНИ ҲАЛНОМАҲОИ СУДҲОИ ҲАКАМӢ
,1. Истеҳсолоти парвандаҳо оид ба ҳалномаҳои судҳои ҳакамии мавриди баҳс қароргирифта
Моддаи 210. Ҳалномаҳои судҳои ҳакамии мавриди баҳс қароргирифта
1. Қоидаҳои дар параграфи мазкур муқарраркарда ҳангоми баррасии ҳалномаи судҳои ҳакамии мавриди баҳс қароргирифта аз тарафи суди иқтисодӣ татбиқ карда мешаванд.
2. Ҳалномаҳои судҳои ҳакамии мавриди баҳс қароргирифта аз тарафи суди иқтисодӣ оид ба масъалаҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ бармеоянд, дар вақти ба амалбарории фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолиятҳои иқтисодӣ шахсони иштироккунандаи муҳокимаи ҳакамӣ метавонад бо роҳи пешниҳод намудани ариза ба суди иқтисодӣ, дар бораи бекор кардани ҳалномаи судҳои ҳакамӣ мутобиқи моддаи 213 Кодекси мазкур муроҷиат намоянд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
3. Ариза оид ба бекор кардани ҳалномаи суди ҳакамӣ ба суди иқтисодӣ, ки дар ҳудуди он суди ҳакамии ҷойгиршуда қарор қабул кардааст, дар мӯҳлати на дертар аз се моҳ аз рӯзи гирифтани ин ҳалнома аз ҷониби тарафҳои иштироккунанда пешниҳод карда мешавад, агар дар санадҳои байналмилалии Тоҷикистон эътирофкарда ва қонунҳо дигар ҳолат муқаррар карда нашуда бошад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776, аз 30.05.2017 № 1420).
4. Барои ариза оид ба бекор кардани ҳалномаи суди ҳакамӣ боҷи давлатӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ" супорида мешавад.
Моддаи 211. Талабот нисбати ариза оид ба бекор кардани ҳалномаи суди ҳакамӣ
1. Ариза дар бораи бекор кардани ҳалномаи суди ҳакамӣ ба тариқи хаттӣ ва бо имзои шахсе, ки оиди ҳалнома баҳс менамояд ё намояндаи он супорида мешавад.
2. Дар ариза оид ба бекор кардани ҳалномаи суди хакамӣ бояд дарҷ карда шаванд:
- номи суди иқтисодие, ки ба он ариза пешниҳод карда мешавад;
- ном ва ҳайати суди ҳакамие, ки ҳалномаро қабул кардааст, ҷои ҷойгиршавии он (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776);
- номгӯи тарафҳои муҳокимаи ҳакамӣ, маҳалли ҷойгиршавии онҳо ва ё ҷои зист (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776);
- сана ва ҷои қабул кардани ҳалномаи суди ҳакамӣ, рақами вай (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776);
- санаи гирифтани ҳалномаи суди ҳакамии мавриди баҳс қароргирифта аз ҷониби тарафе, ки барои бекор кардани ҳалномаи мазкур муроҷиат кардааст (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776);
- талаботи аризадиҳанда оид ба бекор кардани ҳалномаи суди ҳакамӣ, асосҳое, ки баҳснок будани онро тасдиқ мекунанд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
3. Дар ариза инчунин мумкин аст рақамҳои телефонҳо, факс, суроғаи почтаи электронӣ ва дигар маълумотҳо нишон дода шаванд.
4. Ба ариза дар бораи бекор кардани ҳалномаи суди ҳакамӣ ҳуҷҷатҳои зерин ҳамроҳ карда мешаванд:
- ҳалномаи аслии ба тариқи дахлдор тасдиқкардаи суди ҳакамӣ ё нусхаи ба тариқи дахлдор тасдиқкардаи он;
- созишномаи аслӣ оид ба муҳокимаи ҳакамӣ ва ё нусхаи ба таври дахлдор тасдиқкардаи он (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776);
- ҳуҷҷатҳое, ки барои бекор кардани ҳалномаи суди ҳакамӣ асос мешаванд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776);
- ҳуҷҷате, ки супоридани боҷи давлатиро ба андозаи муқарраркардаи қонун тасдиқ мекунад;
- хабарнома ва ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба супоридани ариза дар бораи бекор кардани ҳалномаи суди ҳакамӣ ба дигар тарафи муҳокимаи ҳакамӣ (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776);
- ваколатнома ва ё ҳуҷҷати дигаре, ки ваколати шахси имзокардаи аризаро тасдиқ менамояд.
5. Ариза дар бораи бекор кардани ҳалномаи суди ҳакамӣ, ки бо вайронкунии талаботи пешбининамудаи моддаи 210 Кодекси мазкур пешниҳод карда шудааст, беҳаракат монда мешавад ва ё ба шахси аризадиҳанда аз рӯи тартиби муқарраркардаи моддаҳои 127 ва 128 Кодекси мазкур баргардонида мешавад.
Моддаи 212. Тартиби баррасии аризаҳо оид ба бекор кардани ҳалномаи суди ҳакамӣ
1. Ариза дар бораи бекор кардани ҳалномаи суди ҳакамӣ аз тарафи судя танҳо дар мӯҳлати як моҳи баъди дохилшавии он ба суди иқтисодӣ бо баҳисобгирии мӯҳлати тайёрии парванда ба муҳокимаи судӣ баррасӣ карда, таъинот аз рӯи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур бароварда мешавад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
2. Дар вақти тайёр намудани парванда ба муҳокимаи судӣ бо дархости ҳар ду тарафи муҳокимаи ҳакамӣ судя метавонад аз суди ҳакамӣ маводи парванда, ҳалномаи судии дар суди иқтисодӣ мавриди баҳс қароргирифтаро аз рӯи қоидаҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур барои таҳқиқи далелҳо талаб намояд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
3. Тарафҳои муҳокимаи суди ҳакамӣ аз тарафи суди иқтисодӣ аз вақт ва ҷои баргузории маҷлиси судӣ хабардор карда мешаванд. Ҳозир нашудани шахсони зикргардида, ки аз вақт ва маҳалли гузаронидани маҷлиси судӣ огоҳ буданд, барои баррасии парванда монеъ намешавад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
4. Дар вақти баррасии парванда суди иқтисодӣ дар маҷлиси судӣ мутобиқи моддаи 213 Кодекси мазкур бо роҳи таҳқиқи далелҳои пешниҳодшуда барои бекоркунии ҳалномаи суди ҳакамӣ мавҷуд будан ё набудани асосҳои тасдиқкунандаро муқаррар мекунад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
Моддаи 213. Асосҳои бекоркунии ҳалномаи суди ҳакамӣ
(Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776)
1. Ҳалномаи суди ҳакамиро суди иқтисодӣ метавонад дар ҳолатҳои муқарраркардаи моддаи мазкур бекор намояд.
2. Ҳалномаи суди ҳакамӣ дар ҳолатҳое, ки яке аз тарафҳо ба суди иқтисодӣ бо ариза дар бораи бекор кардани ҳалномаи суди ҳакамӣ бо далелҳои зерин муроҷиат карда бошад, мумкин аст бекор карда шавад, агар:
- созишномаи ҳакамӣ тибқи асосҳои дар қонун пешбинишуда эътибор надошта бошад;
- яке аз тарафҳо ба таври дахлдор оид ба интихоби (таъини) судяҳои ҳакамӣ ва ё муҳокимаи ҳакамӣ, аз ҷумла дар бораи вақт ва ҷои маҷлиси суди ҳакамӣ хабардор набошад ва ё бо дигар сабабҳои узрнок ба суди ҳакамӣ баёнотҳои худро пешниҳод карда натавониста бошад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776);
- ҳалномаи суди ҳакамӣ оид ба баҳсе бароварда шуда бошад, ки бо созишномаи ҳакамӣ пешбинӣ нашудааст ё ба шартҳои он мутобиқ нест ва ё аз рӯи масъалае, ки қарор қабул карда шудааст, аз доираи созишномаи ҳакамӣ берун бошад. Агар қарор оид ба масъалаҳое, ки созишномаи ҳакамӣ онҳоро дар бар мегирад, аз онҳое, ки ҳамин созишнома дар бар намегирад, имконияти ҷудо карданро дошта бошад, суди иқтисодӣ метавонад ҳамон қисми ҳалномаи суди ҳакамиро, ки дар он масъалаҳое, ки созишнома дар бораи ба баррасии суди ҳакамӣ супоридани баҳс дар бар намегирад, бекор кунад.
- ҳайати суди ҳакамӣ ва ё тартибимуҳокимаи ҳакамӣ бо созишномаи тарафҳо ва ё қонун мувофиқат накунад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
3. Суди иқтисодӣ ҳалномаи суди ҳакамиро бекор мекунад, агар муайян намояд, ки:
- баҳсе, ки суди ҳакамӣ баррасӣ кардааст, мувофиқи қонун предмети муҳокимаи ҳакамӣ шуда наметавонад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776);
- ҳалномаи суди ҳакамӣ принсипҳои асосии ҳуқуқро вайрон намояд.
Моддаи 214. Таъиноти суди иқтисодӣ оид ба парвандае, ки дар ҳалномаи суди ҳакамӣ мавриди баҳс қарор гирифтааст
1. Аз рӯи натиҷаи баррасии ариза оид ба бекор кардани ҳалномаи суди ҳакамӣ, суди иқтисодӣ аз рӯи қоидаи муқарраркардаи боби 20 Кодекси мазкур барои қабули ҳалнома таъинот мебарорад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
2. Дар таъиноти суди иқтисодӣ оид ба парванда дар бораи мавриди баҳс қарор гирифтани ҳалномаҳои суди ҳакамӣ бояд дарҷ карда шаванд:
- маълумот дар бораи қарори суди ҳакамии мавриди баҳс қароргирифта ва ҷои қабул кардани он;
- маълумот дар бораи ном ва ҳайати суди ҳакамие, ки қарори мавриди баҳсро қабул кардааст;
- номи тарафҳои муҳокимаи ҳакамӣ (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776);
- ишора ба бекор кардани қарори суди ҳакамӣ ба таври пурра ё қисман ва пурра ё қисман ё рад кардани талаботи аризадиҳанда.
3. Агар имконияти ба суди ҳакамӣ ё ба суди иқтисодӣ ба таври умумӣ ва аз рӯи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур муроҷиат кардан аз байн нарафта бошад, бекор кардани қарори суди ҳакамӣ тарафи муҳокимаи ҳакамиро барои такроран муроҷиат намудан ба суди ҳакамӣ манъ намекунад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
4. Агар қарори суди ҳакамӣ аз тарафи суди иқтисодӣ бо асосҳои беэътибор будани созишномаи муҳокимаи ҳакамӣ ба таври пурра ва ё қисман ё аз рӯи баҳсе қабул шуда бошад, ки созишномаи ҳакамӣ пешбинӣ накардааст ё ки ба шартҳои вай мувофиқ намебошад ва ё аз рӯи қарори масъалаҳое, ки созишномаи муҳокимаи ҳакамӣ онҳоро дар бар намегирад, бекор карда шуда бошад, тарафҳои муҳокимаи ҳакамӣ барои ҳалли чунин баҳс ба суди иқтисодӣ бо тартиби умумӣ ва мувофиқи муқаррароти Кодекси мазкур муроҷиат карда метавонанд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
5. Аз болои таъиноти суди иқтисодӣ оид ба парвандаи мавриди баҳс қароргирифтаи ҳалномаи суди ҳакамӣ дар мӯҳлати як моҳи баъди баровардани таъинот ба марҳилаи кассатсионӣ шикоят намудан мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869).
,2. Истеҳсолот оид ба парвандаҳо дар бораи додани варақаи иҷро барои иҷрои маҷбурӣ аз рӯи ҳалномаҳои суди ҳакамӣ
Моддаи 215. Додани варақаи иҷро барои иҷрои маҷбурӣ аз рӯи ҳалномаҳои суди ҳакамӣ
1. Қоидаҳое, ки дар параграфи мазкур муқаррар карда шудаанд, дар вақти баррасии парвандаҳо аз тарафи суди иқтисодӣ оид ба додани варақаи иҷро барои иҷрои маҷбурии ҳалномаҳои суди ҳакамӣ, ки дар ҳудуди Ҷуҳурии Тоҷикистон аз тарафи судҳои ҳакамӣ қабул карда шудаанд, татбиқ карда мешавад.
2. Масъалаи додани варақаи иҷро барои иҷрои маҷбурӣ аз рӯи ҳалномаҳои суди ҳакамӣ, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ пайдо шудаанд, дар вақти ба амалбарории фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолиятҳои иқтисодӣ аз тарафи суди иқтисодӣ бо аризаи тарафи муҳокимаи ҳакамӣ ба манфиати тарафе, ки қарор қабул карда шудааст, дида баромада мешавад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
3. Ариза оид ба додани варақаи иҷро барои иҷрои маҷбурии ҳалномаи суди ҳакамӣ ба суди иқтисодии маҳалли ҷойгиршавӣ ва ё ҷои истиқомати қарздор, агар маҳалли ҷойгиршавӣ ва ё маҳалли истиқомат номаълум бошад, ба ҷои ҷойгиршавии молу мулки қарздор тарафи муҳокимаи ҳакамӣ пешниҳод карда мешавад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
Моддаи 216. Талабот нисбати ариза оид ба додани варақаи иҷро барои иҷрои маҷбурӣ аз рӯи ҳалномаи суди ҳакамӣ
1. Ариза оид ба додани варақаи иҷро барои иҷрои маҷбурӣ аз рӯи ҳалномаи суди ҳаками ба тариқи хаттӣ ва имзои шахсон ё намояндаи онҳо, ки ба манфиати онҳо қарор қабул карда шудааст, пешниҳод карда мешавад.
2. Дар ариза оид ба додани варақаи иҷро барои иҷрои маҷбурӣ аз рӯи ҳалномаи суди ҳакамӣ бояд дарҷ карда шаванд:
- номи суди иқтисодие, ки ба он ариза пешниҳод карда мешавад;
- ном ва ҳайати суди ҳакамӣ, ки қарор қабул кардааст, маҳалли ҷойгиршавии он;
- номи тарафҳои муҳокимаи ҳакамӣ, маҳалли ҷойгиршавӣ ва ё маҳалли зисти онҳо (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776);
- сана ва ҷои қабули қарори суди ҳакамӣ;
- талаби аризадиҳанда оид ба додани варақаи иҷро барои иҷрои маҷбурӣ аз рӯи ҳалномаи суди ҳакамӣ.
3. Дар ариза рақамҳои телефон, факс, суроғаи почтаи электронӣ ва дигар маълумотҳо нишон дода мешаванд.
4. Бо ариза оид ба додани варақаи иҷро барои иҷрои маҷбурии ҳалномаи суди ҳакамӣ инҳо замима карда мешаванд:
- ҳалномаи аслии ба тариқи дахлдор тасдиқшудаи суди ҳакамӣ ва ё нусхаи ба тариқи дахлдор тасдиқшудаи он;
- созишномаи аслӣ оид ба муҳокимаи ҳакамӣ ва ё нусхаи ба таври мувофиқ шуда тасдиқшудаи он (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776);
- ҳуҷҷате, ки супоридани боҷи давлатиро бо тартиб ва андозаи муқаррарнамудаи қонун тасдиқ мекунад;
- хабарнома оид ба супоридан ё ҳуҷҷати дигаре, ки фиристонидани нусхаи аризаро ба тарафи дигар оид ба додани варақаи иҷро иҷрои маҷбурии ҳалномаи суди ҳакамӣ;
- ваколатнома ва ё ҳуҷҷати дигаре, ки ваколати шахси имзокунандаи аризаро тасдиқ менамояд.
5. Ариза оид ба додани варақаи иҷро барои иҷрои маҷбурии ҳалномаи суди ҳакамӣ, ки бо вайрон кардани талаботи пешбининамудаи моддаи 215 Кодекси мазкур ва моддаи мазкур пешниҳод шудааст, бо тартиби муқаррарнамудаи моддаҳои 127 ва 128 Кодекси мазкур беҳаракат монда мешавад ва ё ба шахси онро пешниҳодкарда баргардонида мешавад.
Моддаи 217. Тартиби баррасии ариза оид ба додани варақаи иҷро барои иҷрои маҷбурӣ аз рӯи ҳалномаи суди ҳакамӣ
1. Ариза оид ба додани варақаи иҷро барои иҷрои маҷбурии ҳалномаи суди ҳакамӣ аз тарафи судя ба таври танҳо дар мӯҳлати на дертар аз як моҳи баъди дохилшавии ариза ба суди иқтисодӣ бо баҳисобгирии мӯҳлати омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ ва баровардани таъинот, аз рӯи қоидаи пешбининамудаи Кодекси мазкур дида баромада мешавад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
2. Дар вақти тайёр кардани парванда ба муҳокимаи судӣ бо дархости шахсони дар парванда иштироккунанда судя метавонад аз суди ҳакамӣ маводи парвандаро, ки аз рӯи варақаи иҷро пурсида мешавад, тибқи қоидаҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур барои таҳқиқи далелҳо талаб намояд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
3. Тарафҳои муҳокимаи ҳакамӣ аз тарафи суди иқтисодӣ аз вақт ва ҷои баргузории маҷлиси судӣ хабардор карда мешаванд. Ҳозир нашудани тарафҳо, ки аз вақт ва ҷои баргузории маҷлиси судӣ огоҳ карда шуда буданд, барои баррасии парванда монеъ намешавад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
4. Дар вақти баррасии парванда суди иқтисодӣ дар мурофиаи судӣ будан ё набудани асосҳоро барои додани варақаи иҷро барои иҷрои маҷбурии ҳалномаи суди ҳакамӣ бо роҳи таҳқиқи далелҳои ба суд пешниҳодшуда оид ба талаби ариза ва норозигӣ мутобиқи муқарароти моддаи 218 Кодекси мазкур дида мебарояд.
Моддаи 218. Асосҳои радкунии додани варақаи иҷро барои иҷрои маҷбурӣ аз рӯи ҳалномаи суди ҳакамӣ
1. Суди иқтисодӣ метавонад додани варақаи иҷроро оид ба иҷрои маҷбурӣ ҳалномаи суди ҳакамӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур рад намояд.
2. Суди иқтисодӣ метавонад додани варақаи иҷроро рад намояд, агар тарафи муҳокимаи ҳакамӣ, ки ҳалномаи суди ҳакамӣ бар зидди он қабул карда шудааст, далелҳое пешниҳод намояд, ки (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776):
- созишномаи мурофиаи ҳакамӣ аз рӯи асосҳои пешбининамудаи қонун беэътибор бошад;
- тараф ба таври дахлдор дар бораи интихоби судяҳои ҳакамӣ ва ё таъин намудани мурофиаи ҳакамӣ, аз ҷумла вақт ва ҷои баргузории маҷлиси суди ҳакамӣ хабардор карда нашудааст ва ё ба суди ҳакамӣ бо дигар сабабҳои узрнок баёноти худро пешниҳод накарда бошад;
- ҳалномаи суди ҳакамӣ оид ба баҳсе бароварда шуда бошад, ки бо созишномаи ҳакамӣ пешбинӣ нашудааст ё ба шартҳои он мувофиқ нест ва ё аз рӯи мазмуни қарор аз доираи созишномаи ҳакамӣ берун аст. Агар дар ҳалномаи суди ҳакамӣ қарор оид ба масъалаҳое, ки созишномаи ҳакамӣ онҳоро дар бар мегирад, аз онҳое, ки ҳамин созишнома дар бар намегирад, имконияти ҷудо кардан бошад, суди иқтисодӣ метавонад варақаи иҷроро танҳо ба ҳамон қисми ҳалномаи суди ҳакамӣ диҳад, ки мазмуни қарори ин масъалаҳоро созиши ҳакамӣ дар бар мегирад;
- ҳайат ва ё тартиби мурофиаи ҳакамӣ ба созишномаи тарафҳо ва ё қонун мувофиқат накунад;
- ҳалнома барои тарафҳои муҳокимаи ҳакамӣ ҳанӯз ҳатмӣ нашуда бошад ё бекор шуда бошад ё ин ки иҷрои он аз ҷониби суди иқтисодӣ ё дигар суд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ин ки аз ҷониби суди давлати дигар, ки дар ҳудудаш ҳалнома қабул карда шудааст ё давлате, ки қонунаш татбиқ мешавад, боздошт шуда бошад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776, аз 30.05.2017 № 1420).
3. Суди иқтисодӣ додани варақаи иҷроро барои иҷрои маҷбурии ҳалномаи суди ҳакамӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 3 моддаи 213 Кодекси мазкур рад менамояд.
Моддаи 219. Таъиноти суди иқтисодӣ оид ба парванда дар бораи додани варақаи иҷро барои иҷрои маҷбурӣ аз рӯи ҳалномаи суди ҳакамӣ
1. Дар натиҷаи баррасии ариза оид ба додани варақаи иҷро барои иҷрои маҷбурии ҳалномаи суди ҳакамӣ суди иқтисодӣ аз рӯи қоидаҳое,ки боби 20 Кодекси мазкур барои қабули ҳалнома пешбинӣ намудааст, таъинот қабул мекунад.
2. Дар таъинот оид ба парвандаҳо дар бораи додани варақаи иҷро барои иҷрои маҷбурии ҳалномаи суди ҳакамӣ бояд дарҷ гардад:
- маълумот дар бораи ном ва ҳайати суди ҳакамӣ;
- номи тарафҳои муҳокимаи ҳакамӣ (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776);
- маълумот дар бораи ҳалномаи суди ҳакамӣ оид ба додани варақаи иҷро барои иҷрои маҷбурӣ, ки аризадиҳанда дархост карда буд;
- супориш барои додани варақаи иҷро барои иҷрои маҷбурии ҳалномаи суди ҳакамӣ ва ё рад кардани додани варақаи иҷро.
3. Рад кардан аз додани варақаи иҷро барои иҷрои маҷбурии ҳалномаи суди ҳакамӣ барои муроҷиати такрорӣ ба суди ҳакамӣ, агар имконияти муроҷиат барҳам нахӯрда бошад ва ё ба суди иқтисодӣ мутобиқи қоидаҳои умумии пешбининамудаи Кодекси мазкур монеъ шуда наметавонад.
4. Дар ҳолати рад кардан аз додани варақаи иҷро барои иҷрои маҷбурии ҳалномаи суди ҳакамӣ аз тарафи суди иқтисодӣ ба таври пурра ва ё қисман бо сабаби нодуруст будани созишномаи муҳокимаи ҳакамӣ ва ё баҳсе, ки баррасии онро созишномаи ҳакамӣ пешбинӣ намекунад ва ё ҳалнома ба шароити созишномаи ҳакамӣ дохил намешавад ва ё дорои муқарраротест, ки созишномаи ҳакамӣ пешбинӣ намекунад, он гоҳ тарафҳои муҳокимаи ҳакамӣ метавонанд барои ҳалли чунин баҳс ба суди иқтисодӣ мутобиқи қоидаҳои умумии пешбининамудаи Кодекси мазкур муроҷиат намоянд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
5. Аз таъиноти суди иқтисодӣ оид ба парвандаҳо дар бораи додани варақаи иҷро барои иҷрои маҷбурии ҳалномаи суди ҳакамӣ ба марҳилаи кассатсионӣ дар мӯҳлати як моҳи баъди баровардани таъинот шикоят овардан мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869).
БОБИ 28. ИСТЕҲСОЛОТИ ПАРВАНДАҲО ОИД БА ЭЪТИРОФ ВА ИҶРО НАМУДАНИ ҲАЛНОМАҲОИ СУДҲОИ ХОРИҶӢ ВА АРБИТРАЖИ ХОРИҶӢ (АРБИТРАЖИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТИҶОРАТӢ ВА СУДҲОИ ҲАКАМӢ)
Моддаи 220. Эътироф ва иҷро намудани ҳалномаҳои судҳои хориҷӣ ва арбитражи хориҷӣ
1. Ҳалномаи судҳои давлатҳои хориҷӣ (минбаъд - судҳои хориҷӣ) оид ба баҳсҳо ва дигар парвандаҳое, ки зимни ба амалбарории фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ ба вуҷуд меоянд, ҳалномаҳои судҳои ҳакамӣ ва арбитражи байналмиллалии тиҷоратӣ (минбаъд - қарорҳои арбитражи хориҷи), ки дар ҳудуди дигар давлатҳо оид ба баҳсҳо ва корҳое, ки зимни ба амалбарории фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ ба вуҷуд меоянд, қабул шудаанд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи судҳои иқтисодӣ эътироф ва иҷро карда мешаванд, агар эътироф ва иҷрои чунин ҳалномаҳо дар санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф намудааст, пешбинӣ шуда бошанд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
2. Масъалаи эътироф кардан ё иҷро кардани ҳалномаи суди хориҷӣ, арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ ва тарафҳои муҳокимаи ҳакамӣ аз ҷониби суди иқтисодӣ бо аризаи тарафи баҳсе, ки суди хориҷӣ баррасӣ кардааст ё тарафи муҳокимаи ҳакамӣ, ҳал карда мешавад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
Моддаи 221. Ариза дар бораи эътироф ва иҷрои ҳалномаҳои судҳои хориҷӣ ва арбитражи хориҷӣ
1. Ариза дар бораи эътироф ва иҷрои ҳалномаи судҳои хориҷӣ ва арбитражи хориҷӣ аз ҷониби тарафе, ки ба манфиати вай ҳалнома қабул шудааст (минбаъд-ситонанда), ба суди иқтисодии маҳалли ҷойгиршавӣ ва ё маҳалли зисти қарздор ва ё агар маҳалли зисти қарздор ва ё маҳалли ҷойгиршавии он номаълум бошад, ба маҳалли ҷойгиршавии молу мулкаш пешниҳод карда мешавад.
2. Ариза дар бораи эътироф ва иҷрои ҳалномаҳои судҳои хориҷӣ ва арбитражи хориҷӣ ба таври хаттӣ бо имзои ситонанда ва ё намояндаи ваколатдори ӯ пешниҳод карда мешавад.
3. Дар ариза бояд дарҷ карда гардад:
- номи суди иқтисодӣ, ки ба он ариза пешниҳод карда мешавад;
- ном ва маҳалли ҷойгиршавии суди хориҷӣ ё ном ва ҳайати суди ҳакамӣ ё арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ, маҳалли ҷойгиршавии он;
- номи ситонанда, маҳалли ҷойгиршавӣ ва ё маҳалли зисти он;
- номи қарздор, маҳалли ҷойгиршавӣ ва ё маҳалли зисти он;
- маълумот дар бораи ҳалномаи суди хориҷӣ ва ё ҳалномаи арбитражи хориҷӣ оид ба эътироф ва иҷро намудани кадоме, ки ситонанда дархост кардааст;
- дархости ситонанда оид ба эътироф ва иҷро намудани ҳалномаҳои судҳои хориҷӣ ва арбитражи хориҷӣ;
- номгӯи ҳуҷҷатҳои замимагардида.
4. Дар ариза оид ба эътироф ва иҷро намудани ҳалномаҳои судҳои хориҷӣ ва арбитражи хориҷӣ, ҳамчунин рақамҳои телефон, факс, суроғаи почтаи электронии ситонанда, қарздор, намояндаи онҳо ва дигар маълумот нишон дода мешавад.
5. Ба ариза дар бораи эътироф ва иҷро намудани ҳалномаҳои судҳои хориҷӣ ва арбитражи хориҷӣ ҳуҷҷатҳои зерин замима карда мешаванд:
- нусхаи ба таври дахлдор тасдиқ кардашудаи ҳалномаи суди хориҷӣ ё ҳалномаи арбитражи хориҷӣ, ки ситонанда эътироф ва иҷро намудани онро дархост кардааст (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776);
- ҳуҷҷате, ки ба таври дахлдор тасдиқкарда шудааст ва эътибори қонунӣ пайдо намудани ҳалномаи суди хориҷиро тасдиқ мекунад, агар он дар матни ҳамон ҳалнома нишон дода нашуда бошад;
- ҳуҷҷати ба таври дахлдор тасдиқ карда шуда ва тасдиқкунандае, ки қарздор сари вақт ва ба таври дахлдор аз рӯзи муҳокимаи парванда дар суди хориҷӣ оид ба эътироф ва иҷрои ҳалномае, ки ситонанда дархост карда буд, хабардор карда шудааст (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776);
- ваколатнома ва дигар ҳуҷҷате, ки ба таври дахлдор салоҳияти шахсеро, ки ба суди иқтисодӣ ариза пешниҳод намудааст, тасдиқ мекунад;
- ҳуҷҷати тасдиқкунандае, ки фиристодани нусхаи аризаи эътироф ва иҷрои ҳалномаҳои судҳои хориҷиро тасдиқ мекунад;
- тасдиқи тарҷумаи ҳуҷҷатҳое, ки дар сархатҳои якум то панҷуми қисми мазкур дарҷ гардидаанд, ба забони давлатӣ ё забони муоширати байни миллатҳо.
6. Ба ариза оид ба эътироф ва иҷрои ҳалномаҳои арбитражи хориҷӣ, агар дар санади байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф намудааст, тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, инҳо замима карда мешаванд:
- нусхаи аслии ба таври дахлдор тасдиқгардидаи ҳалномаи арбитражи хориҷӣ ва ё нусхаи ба таври дахлдор тасдиқгардидаи он;
- нусхаи аслии созишномаи мурофиаи ҳакамӣ ва ё нусхаи ба таври дахлдор тасдиқгардидаи он;
- тарҷумаи ба таври дахлдор тасдиқгардидаи ҳуҷҷатҳое, ки дар сархатҳои якум ва дуюми қисми мазкур дарҷ гардидаанд, ба забони давлатӣ ё забони муоширати байни миллатҳо.
7. Ба ариза дар бораи эътироф ва иҷрои ҳалномаҳои судҳои хориҷӣ ва арбитражи хориҷӣ, инчунин ҳуҷҷатҳои супоридани боҷи давлатӣ ба тартиб ва андозае, ки қонун барои супоридани боҷи давлатӣ ҳангоми пешниҳоди ариза ба суди иқтисодӣ оид ба додани варақаи иҷро барои иҷрои маҷбурии ҳалномаи суди ҳакамӣ муайян кардааст, замима карда мешавад.
8. Ҳуҷҷатҳое, ки дар моддаи мазкур дарҷ гардидаанд, ҳамон вақт ба таври дахлдор тасдиқшуда эътироф мешаванд, ки ба талаботи моддаи 234 Кодекси мазкур мувофиқат намоянд.
Моддаи 222. Тартиби баррасии ариза оид ба эътироф ва иҷро намудани ҳалномаҳои судҳои хориҷӣ ва арбитражи хориҷӣ
1. Ариза оид ба эътироф ва иҷрои ҳалномаҳои судҳои хориҷӣ ва арбитражи хориҷӣ дар маҷлиси судӣ аз тарафи судя ба таври танҳо дар мӯҳлати на дертар аз як моҳи баъди дохилшавии ариза ба суди иқтисодӣ тибқи қоидаи муқаррарнамудаи Кодекси мазкур бо назардошти хусусиятҳои муқаррарнамудаи боби мазкур, агар дар санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, баррасӣ карда мешавад.
2. Суди иқтисодӣ иштироккунандагони парвандаро аз вақт ва ҷои баргузории маҷлиси судӣ хабардор мекунад. Ҳозир нашудани шахсони дар боло зикргардида, ки ба таври дахлдор аз вақт ва ҷои баргузории маҷлиси судӣ хабардор карда шуда буданд, барои баррасии парванда монеъ намешавад.
3. Дар вақти баррасии парванда суди иқтисодӣ дар маҷлиси судӣ будан ё набудани асосҳоро барои эътироф ва иҷрои ҳалномаҳои судҳои хориҷӣ ва арбитражи хориҷӣ, ки моддаи 223 Кодекси мазкур пешбинӣ мекунад, бо роҳи таҳқиқи далелҳои ба суди иқтисодӣ пешниҳодгардида асоснокшудаи талаботи ариза ва норозигӣ дида мебарояд.
4. Дар вақти баррасии парванда суди иқтисодӣ ҳуқуқ надорад ҳалномаи суди хориҷиро моҳиятан аз нав дида барояд.
Моддаи 223. Асосҳои рад намудани эътироф ва иҷро намудани ҳалномаҳои судҳои хориҷӣ ва арбитражи хориҷӣ
1. Суди иқтисодӣ эътироф ва иҷро намудани ҳалномаҳои судҳои хориҷӣ ва арбитражи хориҷиро дар ҳолатҳои зерин пурра ва ё қисман рад менамояд агар:
- ҳалнома мутобиқи қонуни давлате, ки дар ҳудуди он қабул гаштааст, эътибори қонунӣ пайдо накарда бошад;
- тарафе, ки бар хилофи манфиатҳои он ҳалнома қабул шудааст, аз вақт ва ҷои баргузории маҷлиси судӣ ба таври дахлдор ва саривақт хабардор карда нашуда ва ё бо дигар сабабҳо баёноти худро натавонистааст ба суд пешниҳод карда бошад;
- баррасии парванда мувофиқи санади байналмилалие, ки Тоҷикистон онро эътироф кардааст ва қонун ба салоҳияти мустаснои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дошта бошад;
- ҳалномаи эътибори қонунӣ пайдонамудаи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баҳси худи ҳамон тарафҳо, дар бораи худи ҳамон предмет ва бо ҳамон асосҳо мавҷуд бошад;
- дар баррасии судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баҳси худи ҳамон тарафҳо, дар бораи худи ҳамон предмет ва бо ҳамон асосҳо парванда мавҷуд бошад, ки оғози истеҳсолоти он то оғози парванда дар суди хориҷӣ ҷой дошт ё суд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баҳси худи ҳамон тарафҳо, дар бораи худи ҳамон предмет ва бо ҳамон асосҳо ба истеҳсолоти худ аввалан қабул кардааст;
- мӯҳлати иҷрои маҷбурии ҳалномаи суди хориҷӣ гузашта, ин мӯҳлат аз тарафи суди иқтисодӣ барқарор карда нашуда бошад;
- иҷрои ҳалномаи суди хориҷӣ бар хилофи тартиботи оммавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад.
2. Суди иқтисодӣ эътироф ва иҷрои ҳалномаҳои судҳои хориҷӣ ва арбитражи хориҷиро ба таври пурра ва ё қисман бо асосҳои сархати ҳафтуми қисми 1 моддаи мазкур ва санади байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф намудааст, рад менамояд.
Моддаи 224. Таъиноти суди иқтисодӣ оид ба парвандаҳо дар бораи эътироф ва иҷро намудани ҳалномаҳои суди хориҷӣ ва арбитражи хориҷӣ
1. Дар натиҷаи баррасии ариза дар бораи эътироф ва иҷро намудани ҳалномаҳои суди хориҷӣ ва арбитражи хориҷӣ суди иқтисодӣ тибқи қоидаҳои муқарраркардаи боби 20 Кодекси мазкур барои ҳалнома таъинот мебарорад.
2. Дар таъинот оид ба парвандаҳо дар бораи эътироф ва иҷрои санадҳои суди хориҷӣ ва арбитражи хориҷӣ талаботи зайл бояд нишон дода шавад:
- ном ва маҳалли ҷойгиршавии суди хориҷӣ ё ном ва ҳайати суди ҳакамӣ ё арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ, ки ҳалнома қабул кардааст;
- номи ситонанда ва қарздор;
- маълумот дар бораи ҳалномаи суди хориҷӣ ва ё арбитражи хориҷӣ оид ба эътироф ва иҷро намудан бо дархости ситонанда;
- ишора ба эътироф ва иҷрои ҳалномаҳои суди хориҷӣ ва арбитражи хориҷӣ ё рад намудани эътироф ва иҷрои ҳалномаҳои суди хориҷӣ ё арбитражи хориҷӣ (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
3. Аз таъиноти суди иқтисодӣ оид ба парвандаҳо дар бораи эътироф ва иҷро намудани ҳалномаҳои суди хориҷӣ ва ё арбитражи хориҷӣ ба суди марҳилаи кассатсионӣ дар мӯҳлати як моҳи баъди баровардани таъинот шикоят намудан мумкин аст (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776, аз 03.07.2012 № 869).
Моддаи 225. Иҷрои маҷбурии ҳалномаҳои суди хориҷӣ ва арбитражи хориҷӣ
1. Иҷрои маҷбурии ҳалномаҳои суди хориҷӣ ва арбитражи хориҷӣ дар асоси варақаи иҷрое, ки аз тарафи суди иқтисодӣ бо қабули таъинот дар бораи эътироф ва иҷрои ҳалномаҳои суди хориҷӣ ва арбитражи хориҷӣ дода мешавад, мутобиқи тартибе, ки Кодекси мазкур ва қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд, сурат мегирад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
2. Ҳалномаҳои суди хориҷӣ ё арбитражи хориҷиро барои иҷрои маҷбурӣ дар мӯҳлати на зиёдтар аз се соли эътибори қонунӣ пайдо намуданаш пешниҳод кардан мумкин аст. Дар сурати гузаштани мӯҳлати мазкур он бо дархости ситонанда аз рӯи қоидаи муқаррарнамудаи боби 10 Кодекси мазкур барқарор карда мешавад.
ФАСЛИ V. ИСТЕҲСОЛОТ АЗ РӮИ ПАРВАНДАҲО БО ИШТИРОКИ ШАХСОНИ ХОРИҶӢ
БОБИ 29. САЛОҲИЯТИ СУДҲОИ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ РӮИ БАРРАСИИ ПАРВАНДАҲО БО ИШТИРОКИ ШАХСОНИ ХОРИҶӢ
Моддаи 226. Салоҳияти судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи парвандаҳо бо иштироки шахсони хориҷӣ
1. Судҳои иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳоро оид ба баҳсҳои иқтисодӣ ва дигар парвандаҳоро, ки бо ба амалбарории фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ алоқаманданд, бо иштироки ташкилотҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд, ки фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодиро (минбаъд - шахсони хориҷӣ) ба амал мебароранд, дар ҳолатҳое дида мебарояд, ки агар:
- ҷавобгар дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагонӣ намояд ё маҳалли ҷойгиршавиаш ҳамин ҷо бошад ё молу мулки ӯ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд бошад (Қонуни ЧТ аз 30.05.2017 № 1420);
- мақомоти идоракунӣ, филиал ва ё намояндаи шахси хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад;
- даъво аз шартномае ба миён ояд, ки аз рӯи он иҷро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд сурат гирад ё сурат гирифта бошад;
- талабот оид ба расонидани зарар дар натиҷаи амал ё дигар ҳолатҳое, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой доштанд ё зарар дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шуда бошад;
- баҳс аз дорошавии беасос дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омада бошад Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869);
- даъвогар аз рӯи парванда дар бораи ҳимояи шараф, эътибор ва обрӯи корӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад (Қонуни ЧТ аз 30.05.2017 № 1420);
- баҳс аз муносибатҳои муомилот бо коғазҳои қимматнок, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шудаанд, ба миён омада бошад;
- аризадиҳанда оид ба муқаррар кардани фактҳое, ки аҳамияти ҳуқуқӣ доранд, оид ба мавҷудияти ин фактҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора кунад (Қонуни ЧТ аз 30.05.2017 № 1420);
- баҳс аз муносибатҳои бақайдгирии давлатии ном, дигар объектҳо ва хизматрасонӣ дар соҳаи ширкатҳои байналмилалии интернет, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастанд, ба миён омада бошад;
- дар дигар ҳолатҳое, ки муносибатҳои ҳуқуқии баҳснок бо ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаи зич дошта бошанд (Қонуни ЧТ аз 30.05.2017 № 1420).
2. Судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин баҳсҳои иқтисодӣ ва дигар парвандаҳои ба фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ бо иштироки шахсони хориҷӣ алоқамандро баррасӣ менамоянд, ки мувофиқи талаботи моддаи 227 Кодекси мазкур ба салоҳияти мустаснои онҳо дохил мешавад.
3. Судҳои иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин парвандаҳоеро, ки мувофиқи созишномаи тарафҳо бо тартиби муайяннамудаи моддаи 228 Кодекси мазкур баста шудаанд, баррасӣ мекунад.
4. Парвандае, ки аз ҷониби суди иқтисодӣ барои баррасӣ бо риояи қоидаҳои муқаррарнамудаи моддаи мазкур ба истеҳсолот қабул карда шудааст, гарчанде дар вақти баррасии парванда маҳалли ҷойгиршавӣ ва ё маҳалли зисти шахси иштироккунандаи парванда тағйир ёбад ё бо дигар ҳолатҳо он ба салоҳияти суди хориҷӣ дохил гардад, бояд моҳиятан баррасӣ карда шавад.
Моддаи 227. Салоҳияти мустаснои судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба парвавдаҳо бо иштироки шахсони хориҷӣ
1. Ба салоҳияти мустаснои судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба парвандаҳо бо иштироки шахсони хориҷӣ парвандаҳои зерин дохил мешаванд:
- оид ба баҳсҳое, ки аз муносибатҳои моликияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла баҳсҳое, ки ба хусусигардонии моликияти давлатӣ ва азхудкунии маҷбурии моликият барои эҳтиёҷоти давлат алоқаманданд;
- оид ба баҳсҳое, ки предмети онҳо ва ё ҳуқуқ ба он моликияти ғайриманқул буда, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд (Қонуни ЧТ аз 30.05.2017 № 1420);
- оид ба баҳсҳое, ки ба бақайдгирӣ ё додани патент, бақайдгирӣ ё додани шаҳодатномаи аломати молӣ, намунаҳои саноатӣ, моделҳои судманд ё бақайдгирии дигар ҳуқуқ ба натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ, ки бақайдгирӣ ва ё доштани патент ё шаҳодатномаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб мекунанд;
- оид ба баҳсҳо дар бораи беэътибор эътироф кардани сабти феҳристи давлатӣ (феҳристҳо, кадастрҳо) аз тарафи мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки феҳристдорӣ ба зиммаш аст, (регистр, кадастр);
- оид ба баҳсҳое, ки бо таъсисдиҳӣ, барҳамдиҳӣ ё бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ё соҳибкорони инфиродӣ алоқаманд буда, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, инчунин қарорҳои баҳсноки мақомоти шахсони ҳуқуқӣ (Қонуни ЧТ аз 30.05.2017 № 1420);
2. Ба салоҳияти мустаснои судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин парвандаҳо бо иштироки шахсони хориҷӣ, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи маъмурӣ ва дигари оммавӣ ба миёноянда, ки дар фасли сеюми Кодекси мазкур пешбинӣ гардидаанд, дохил мешаванд.
Моддаи 228. Созишнома оид ба муайян кардани салоҳияти судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Агар ақаллан яке аз тарафҳо шахси хориҷӣ ба ҳисоб раваду созишномае баста бошад, ки суда иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳсҳои ба миёномада ё ба миёнояндаро, ки бо фаъолияти соҳибкорӣ ва ё дигар фаъолияти иқтисодӣ алоқаманд аст, салоҳияти баррасӣ кардан дошта бошад, суди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин салоҳияти мустасноро оид ба баррасии баҳси мазкур дар шароите доро мегардад, ки чунин созишнома салоҳияти мустаснои суди хориҷиро тағйир надиҳад.
2. Созишнома оид ба муайян кардани салоҳият бояд ба тариқи хаттӣ баста шуда бошад.
Моддаи 229. Салоҳияти судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи андешидани тадбирҳои таъминотӣ доир ба парвандаҳо бо иштироки шахсони хориҷӣ
Оид ба парвандаҳо бо иштироки шахсони хориҷӣ, ки ба салоҳияти судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи боби 30 Кодекси мазкур дохил мешаванд, судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд тадбирҳои таъминотиро мутобиқи қоидаҳои боби 8 Кодекси мазкур қабул намоянд.
Моддаи 230. Масунияти (иммунитети) судӣ
1. Давлати хориҷие, ки ба сифати ҳомили ҳокимият баромад менамояд, нисбати даъвоҳое, ки вай ба суди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудааст, ҷалб намудани вай барои иштирок дар парванда ба сифати шахси сеюм, гузоштани ҳабс ба молу мулки ба давлати хориҷӣ тааллуқдошта, ки дар дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир мебошад ва нисбат ба он аз тарафи суд татбиқ намудани чораҳо оид ба таъмини даъво ва манфиатҳои молумулкиашон дорои масунияти судӣ мебошад. Ситониш аз ин молу мулк бо тартиби иҷрои маҷбурии санади судии суди иқтисодӣ танҳо бо розигии мақомоти ваколатдори давлати дахлдор, агар бо санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ё қонунҳо тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, мумкин аст (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
2. Масунияти судии ташкилотҳои байналмилалӣ аз тарафи санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва ё қонунҳо муайян карда мешавад.
3. Даст кашидан аз масунияти судӣ бояд бо тартиби муқаррарнамудаи қонуни давлати хориҷӣ ва ё қоидаҳои ташкилоти байналмилалӣ ба амал бароварда шавад. Дар ин ҳолат суди иқтисодӣ парвандаро бо тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур баррасӣ менамояд.
Моддаи 231. Оқибатҳои мурофиавии аз тарафи суди давлати хориҷӣ баррасӣ шудани парванда аз рӯи баҳс дар байни худи ҳамон шахсон, дар бораи ҳамон предмет ва ҳамон асосҳо
1. Суди иқтисодӣ даъворо аз рӯи қоидаҳои боби 17 Кодекси мазкур бе баррасӣ мемонад, агар дар истеҳсолоти суди давлати хориҷӣ барои баррасӣ парванда аз рӯи баҳс дар байни худи ҳамон шахсон, дар бораи ҳамон предмет ва ҳамон асосҳо мавҷуд бошад, ба шарте ки баррасии парвандаи мазкур ба салоҳияти мустаснои суди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи моддаи 227 Кодекси мазкур дохил нашавад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
2. Суди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолоти парвандаро бо қоидаҳои боби 18 Кодекси мазкур қатъ мекунад, ба шарте ки ҳалномаи эътибори қонунӣ пайдокардаи суди давлати хориҷӣ аз рӯи баҳс дар байни худи ҳамон шахсон, дар бораи ҳамон предмет ва ҳамон асосҳо, агар баррасии парвандаи мазкур ба салоҳияти мустаснои суди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон надошта бошад, ё эътироф ва иҷрои ҳалномаи мазкур мувофиқи тартиби моддаи 226 Кодекси мазкур пешбинӣ нашуда бошад.
БОБИ 30. ХУСУСИЯТҲОИ БАРРАСИИ ПАРВАНДАҲО БО ИШТИРОКИ ШАХСОНИ ХОРИҶӢ
Моддаи 232. Тартиби баррасии парвандаҳо бо иштироки шахсони хориҷӣ
1. Парвандаҳо бо иштироки шахсони хориҷӣ аз тарафи суди иқтисодӣ аз рӯи қоидаҳои Кодекси мазкур бо хусусиятҳои пешбининамудаи боби мазкур баррасӣ мегардад, агар санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд.
2. Парвандаҳо бо иштироки шахсони хориҷӣ, агар ин шахсон ё мақомоти идоракунӣ, филиалҳо, намояндагӣ ва ё намояндаҳои онҳо, ки барои баррасии парванда ваколатдоранд, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон кор ва ё зиндагонӣ кунанд, дар мӯҳлати муқаррарнамудаи Кодекси мазкур баррасӣ карда мешаванд (Қонуни ЧТ аз 30.05.2017 № 1420).
3. Агар шахсони хориҷии иштироккунандаи парвандаи аз тарафи суди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасишаванда берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд ё зиндагонӣ кунанд, чунин шахсон бо таъиноти суди иқтисодӣ аз рӯзи баррасии парванда бо роҳи фиристодани супориш ба мақомоти адлия ва ё дигар мақомоти салоҳиятдори давлати хориҷӣ хабардор карда мешаванд. Шахсони хориҷии дар парванда иштироккунанда аз баргузории маҷлиси судӣ аз тариқи воситаҳои алоқа метавонанд хабардор карда шаванд. Дар чунин ҳолат мӯҳлати баррасии парванда аз тарафи суди иқтисодӣ на бештар аз шаш моҳ дароз карда мешавад, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
Моддаи 233. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои мурофиавии шахсони хориҷӣ
1. Шахсони хориҷӣ баробари ташкилот ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқҳои мурофиавии худ истифода бурда, дорои ӯҳдадориҳои мурофиавӣ мебошанд. Имтиёзҳои мурофиавӣ ба шахсони хориҷӣ дар ҳолате дода мешаванд, ки онҳо дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон пешбинӣ шуда бошанд.
2. Шахсони хориҷӣ ҳуқуқ доранд ба суди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи қоидаҳои тобеияти идоравӣ ва тобеияти судӣ, ки Кодекси мазкур барои ҳимояи ҳуқуқҳои вайроншуда мавриди баҳс қароргирифта ва манфиатҳои қонунӣ дар соҳаи соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ муқаррар кардааст, муроҷиат намоянд.
3. Шахсони хориҷии дар парванда иштироккунанда ба суди иқтисодӣ бояд далелҳоеро пешниҳод намоянд, ки ҳолати ҳуқукӣ ва ҳуқуқи онҳоро дар бобати ба амалбарории соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ тасдиқ намоянд.
4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони давлатҳои хориҷие, ки нисбати ташкилотҳо ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудиятҳо гузоштаанд, метавонад маҳдудиятҳои ҷавобӣ (реторсия) гузорад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
Моддаи 234. Эътирофи ҳуҷҷатҳое, ки мақомоти давлатҳои хориҷӣ додаанд, таҳия ё тасдиқ намудаанд
(Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1233)
1. Ҳуҷҷатҳое, ки мақомоти салоҳиятдори давлатҳои хориҷӣ тибқи тартиби муқарраргардида берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунҳои давлатҳои хориҷӣ ба шаҳрвандон ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахсони хориҷӣ додаанд, таҳия ё тасдиқ намудаанд, агар дар қонунҳо ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, аз ҷониби судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми мавҷудияти апостил ё барасмиятдарории консулӣ қабул карда мешаванд.
2. Ҳуҷҷатҳои ба забони хориҷӣ таҳияшуда ба судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд бо тарҷума ба забони давлатӣ, ки ба таври нотариалӣ тасдиқ гардидааст, пешниҳод карда шаванд.
3. Гузоштани апостил ё тасдиқи (легализатсияи) ҳуҷҷате, ки аз ҷониби шахси хориҷӣ ба суди иқтисодӣ пешниҳод карда мешавад, бо тартиби муқаррарнамудаи қонун муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1233).
Моддаи 235. Супориш оид ба иҷро намудани ҳаракатҳои алоҳидаи мурофиавӣ
1. Суди иқтисодӣ супоришҳоро оид ба иҷро намудани ҳаракатҳои алоҳидаи мурофиавӣ, ки судҳои давлатҳои хориҷӣ ва мақомоти салоҳиятдори давлатҳои хориҷӣ (оид ба супоридани даъватномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳо дар бораи далелҳои хаттӣ, гузаронидани экспертиза, азназаргузаронии ҷой ва ғайраҳо) бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва ё қонунҳо иҷро мекунад.
2. Супоришномаи судҳои давлатҳои хориҷӣ ва мақомоти салоҳиятдори давлатҳои хориҷӣ дар ҳолатҳои зерин иҷро карда намешаванд, агар:
- иҷро намудани супоришнома бар хилофи соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад ё ба бехатарии он таҳдид кунад;
- иҷрои супоришнома ба салоҳияти суди иқтисодӣ дохил нашавад;
- ҳуҷҷати аслии супоришнома оид ба иҷрои ҳаракатҳои алоҳидаи мурофиавӣ муайян карда нашуда бошад.
3. Супоришнома оид ба ҳаракатҳои алоҳидаи мурофиавӣ аз тарафи суди иқтисодӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур иҷро карда мешавад, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
4. Судҳои иқтисодӣ метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва (ё) қонунҳо, ба суди давлатҳои хориҷӣ ва (ё) мақомоти салоҳиятдори давлатҳои хориҷӣ оид ба иҷрои ҳаракатҳои алоҳидаи мурофиавӣ муроҷиат намояд.
ФАСЛИ VI. ИСТЕҲСОЛОТ ОИД БА АЗ НАВ БАРРАСӢ НАМУДАНИ САНАДҲОИ СУДИИ СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ
(Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776)
БОБИ 31. ИСТЕҲСОЛОТ ДАР МАРҲИЛАИ КАССАТСИОНИИ СУДИ ИҚТИСОДӢ
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869)
Моддаи 236. Ҳуқуқи пешниҳоди шикоят ва эътирози кассатсионӣ
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1899)
1. Шахсони иштирокчии парванда, инчунин дигар шахсон дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур метавонанд аз ҳалномаи эътибори қонунӣ пайдонакардаи суди иқтисодии марҳилаи якум бо тартиби кассатсионӣ шикоят ва прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони онҳо, сарфи назар аз иштирокашон дар баррасии парванда, инчунин прокурори иштирокчии парванда дар доираи ваколат эътироз намоянд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1899).
2. Шикоят ва эътирози кассатсионӣ ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи суди иқтисодие, ки ҳалномаро қабул кардааст, оварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869аз 19.07.2022 № 1899).
3. Суди иқтисодие, ки санади судиро қабул кардааст, вазифадор аст шикоят ва эътирози кассатсиониро якҷоя бо парванда дар мӯҳлати на дертар аз се рӯзи баъди ба охир расидани мӯҳлати овардани шикоят ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристонад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869аз 19.07.2022 № 1899).
4. Дар шикоят ва эътирози кассатсионӣ талаботи наверо, ки предмети баррасии суди иқтисодии марҳилаи якум нагардида буданд, изҳор кардан мумкин нест (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869аз 19.07.2022 № 1899).
Моддаи 237. Марҳилаи кассатсионии суди иқтисодӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869)
Шикоят ва эътирози кассатсионӣ аз тарафи марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869аз 19.07.2022 № 1899).
Моддаи 238. Мӯҳлати пешниҳоди шикоят ва эътирози кассатсионӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869, аз 19.07.2022 № 1899)
1. Шикоят ва эътирози кассатсионӣ дар мӯҳлати як моҳи баъди ба шахсони иштироккунандаи парванда фиристонидан ё ба онҳо супурдани ҳалнома аз тарафи суди иктисодии марҳилаи якум пешниҳод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869, аз 19.07.2022 № 1899).
2. Дар ҳолати гузаронидани мӯҳлати шикоят ва эътирози кассатсионӣ он бо дархости шахсоне, ки мӯҳлати шикоят ва эътирози кассатсиониро гузаронидаанд, аз тарафи суди марҳилаи кассатсионӣ, агар сабабҳои гузаронидани мӯҳлати кассатсионӣ узрнок ҳисобида шаванд, барқарор карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869, аз 19.07.2022 № 1899).
3. Дархости барқарор кардани мӯҳлати шикоят ва эътирози кассатсионӣ аз тарафи суди марҳилаи кассатсионӣ бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 116 Кодекси мазкур баррасӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869, аз 19.07.2022 № 1899).
4. Дар таъиноти суди иқтисодӣ оид ба барқарор намудани шикоят ва эътирози кассатсионии пешниҳодшуда қайд карда мешавад, ки шикоят ва эътирози кассатсионӣ ба истеҳсолот қабул карда шудааст (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869, аз 19.07.2022 № 1899).
5. То анҷоми мӯҳлати пешниҳоди шикоят ва эътирози кассатсионӣ, ки дар Кодекси мазкур муқаррар карда шудааст, парвандаро аз суди иқтисодӣ талаб кардан мумкин нест (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869, аз 19.07.2022 № 1899).
Моддаи 239. Мазмун ва шакли шикоят ва эътирози кассатсионӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869, аз 19.07.2022 № 1899)
1. Шикоят ва эътирози кассатсионӣ ба суди марҳилаи кассатсионӣ хаттӣ пешниҳод карда мешавад. Шикоят ва эътирози кассатсионӣ аз ҷониби шахси онро пешниҳодкарда ва ё намояндаи ваколатдори ӯ имзо карда мешавад. Шикоят ё эътирози кассатсионӣ мумкин аст дар шакли электронӣ бо имзои электронии рақамии тасдиқшуда бо ҷойгир намудани он дар сомонаи судҳои иқтисодӣ пешниҳод карда шавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869аз 19.07.2022 № 1899, аз 24.12.2022 № 1931).
2. Дар шикоят ва эътирози кассатсионӣ бояд инҳо нишон дода шаванд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869аз 19.07.2022 № 1899):
- номи суди иқтисодие, ки ба он шикоят ва эътирози кассатсионӣ пешниҳод мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869);
- номи шахсоне, ки шикоят пешниҳод мекунанд ва дигар шахсони иштирокчии парванда;
- номи суди иқтисодие, ки ҳалномаи шикоятшавандаро баровардааст, рақами парванда ва санаи қабули ҳалнома, предмети баҳс;
- талаби шахси шикоят ва прокурори эътирозоварда ва асосҳое, ки аз рӯи онҳо ҳалнома бо истинод ба қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳолатҳои парванда ва далелҳои дар парванда мавҷудбуда мавриди шикоят ва эътироз қарор дода шудааст (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1899);
- номгӯи ҳуҷҷатҳои ба шикоят ва эътироз замимашуда (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1899).
3. Дар шикоят ва эътирози кассатсионӣ мумкин аст, ки рақами телефон, факс, суроғаи почтаи электронӣ ва дигар маълумоти зарурӣ, ки барои баррасии парванда муҳиманд, инчунин ариза оид ба дархостҳои пешбинишуда дарҷ карда шавад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776, аз 03.07.2012 № 869,  аз 19.07.2022 № 1899).
4. Шахсе, ки шикоят ва эътирози кассатсионӣ пешниҳод менамояд, ӯҳдадор аст ба дигар шахсони иштирокчии парванда нусхаи шикоят ва эътирози кассатсионӣ ва ҳуҷҷатҳои ба шикоят ва эътироз замимашавандаро, ки онҳоро надоранд, ба воситаи мактуби дархостӣ бо хабар додан дар бораи гирифтани чунин ҳуҷҷатҳо ба шахсони иштироккунандаи парванда ва ё намояндаи онҳо бо забонхат супорад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869,  аз 19.07.2022 № 1899).
5. Ба шикоят ва эътирози кассатсионӣ ҳуҷҷатҳои зайл замима карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869, аз 19.07.2022 № 1899):
- нусхаи ҳалномае, ки мавриди шикоят қарор гирифтааст;
- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пардохти боҷи давлатӣ бо тартиб ва андозаи муқаррарнамудаи қонун;
- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба фиристонидан ё супоридани нусхаи шикоят ва эътирози кассатсионӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо ба шахсони иштироккунанда ва ё дигар шахсоне, ки онҳоро надоранд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776, аз 03.07.2012 № 869аз 19.07.2022 № 1899);
- ваколатнома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандае, ки салоҳияти шахсро барои имзо намудани шикоят ва эътирози кассатсионӣ тасдиқ мекунад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776, аз 03.07.2012 № 869,  аз 19.07.2022 № 1899).
6. Ба шикоят ва эътирози кассатсионӣ нисбати таъиноти суди иқтисодӣ оид ба баргардонидани аризаи даъвогӣ, инчунин аризаи даъвогии баргардонидашуда ва ҳуҷҷатҳои ба он зимни ба суди иқтисоди овардан замимашуда бояд замима карда шаванд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776, аз 03.07.2012 № 869, аз 19.07.2022 № 1899).
Моддаи 240. Қабули шикоят ва эътирози кассатсионӣ ба истеҳсолоти суди иқтисодӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869, аз 19.07.2022 №1899)
1. Шикоят ва эътирози кассатсионӣ, ки аз рӯи шакл ва мазмун бо риояи талаботи муқаррарнамудаи Кодекси мазкур пешниҳод гардидааст, дар мӯҳлати панҷ рӯзи баъди ба суд дохил шуданаш аз тарафи судя танҳо қабул карда мешавад. Дар ҳолати вайрон кардани талаботи дар боло нишондодашуда судя шикоят ва эътирозро беҳаракат мемонад ва ё бо тартиби муқаррарнамудаи моддаҳои 242 ва 243 Кодекси мазкур бармегардонад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869, аз 19.07.2022 № 1899).
2. Оид ба қабули шикоят ва эътирози кассатсионӣ суди марҳилаи кассатсионӣ таъинот бароварда, истеҳсолоти шикояти кассатсиониро оғоз мекунад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869, аз 19.07.2022 № 1899.
3. Дар таъинот вақт ва ҷои баргузории маҷлиси судӣ оид ба баррасии шикоят ва эътирози кассатсионӣ нишон дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869, аз 19.07.2022 № 1899).
4. Нусхаи таъинот ба шахсони иштироккунандаи парванда на дертар аз рӯзи дигари қабули он фиристонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869).
Моддаи 241. Изҳори назар ба шикоят ва эътирози кассатсионӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869, аз 19.07.2022 № 1899)
1. Шахси иштироккунандаи парванда доир ба шикоят ва эътирози кассатсионӣ бо замимаи ҳуҷҷатҳое, ки норозигии худро нисбати шикоят ва эътироз тасдиқ менамоянд, ба дигар иштироккунандагони парванда изҳори назарашро мефиристад. Ба изҳори назар ҳамчунин ҳуҷҷате, ки фиристодани онро ба дигар шахсони иштироккунандаи парванда тасдиқ мекунад, замима карда мешавад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776, аз 03.07.2012 № 869, аз 19.07.2022 № 1899).
2. Бо мактуби фармоишӣ изҳори назар дар мӯҳлате фиристонида мешавад, ки то саршавии маҷлиси судӣ имконияти шинос шудан таъмин шавад.
3. Изҳори назар аз тарафи иштироккунандаи парванда ё намояндаи вай имзо карда мешавад. Ба изҳори назар, ки намоянда имзо кардааст, ваколатнома ва ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи салоҳияти шахси имзокунанда замима карда мешавад. Изҳори назар ба шикоят ё эътирози кассатсионӣ мумкин аст ба суди иқтисодӣ дар шакли электронӣ бо имзои электронии рақамии тасдиқшуда бо ҷойгир намудани он дар сомонаи судҳои иқтисодӣ пешниҳод карда шавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1931).
Моддаи 242. Беҳаракат мондани шикоят ва эътирози кассатсионӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869, аз 19.07.2022 № 1899)
1. Судяи суди марҳилаи кассатсионӣ дар вақти баррасии шикоят ва эътирози кассатсионӣ оид ба қабул намудани шикоят ва эътирози кассатсионӣ ба истеҳсолот муайян менамояд, ки он бе риояи талаботи моддаи 239 Кодекси мазкур пешниҳод карда шудааст, дар бораи беҳаракат мондани шикоят ва эътирози кассатсионӣ таъинот қабул мекунад. Аз таъинот ба марҳилаи кассатсионӣ шикоят кардан мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869, аз 19.07.2022 № 1899).
2. Судя дар таъиноташ асосҳои беҳаракат мондани шикоят ва эътирози кассатсионӣ ва мӯҳлати ислоҳи камбудиҳои нишондодаро, ки асоси беҳаракат мондани шикоят ва эътирози кассатсионӣ гардидааст, нишон медиҳад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869, аз 19.07.2022 № 1899).
3. Нусхаи таъинот оид ба беҳаракат мондани шикоят ва эътирози кассатсионӣ ба шахси пешниҳодкардаи шикоят ва эътирози кассатсионӣ на дертар аз рӯзи дигаре, ки таъинот бароварда шудааст, фиристонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869, аз 19.07.2022 № 1899).
4. Дар ҳолате, ки асосҳои беҳаракат мондани шикоят ва эътирози кассатсионӣ дар мӯҳлати нишондодашудаи таъинот ислоҳ гардад, шикоят ва эътирози кассатсионӣ аз рӯзи супорида шуданаш ба суд пешниҳодшуда ҳисоб карда, шикоят ва эътирози кассатсионӣ ба истеҳсолот қабул карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869, аз 19.07.2022 № 1899).
5. Дар ҳолате, ки асосҳои беҳаракат мондани шикоят ва эътирози кассатсионӣ дар мӯҳлати нишондодашудаи таъинот ислоҳ карда нашавад, судя шикоят ва эътирози кассатсиониро бо ҳуҷҷатҳое, ки бо шикоят замима карда шуда буд, бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 243 Кодекси мазкур ба шахси шикоят пешниҳоднамуда бармегардонад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869, аз 19.07.2022 № 1899).
6. Дар ҳолати бекор намудани таъинот оид ба беҳаракат мондани шикоят ва эътирози кассатсионӣ - шикоят ва эътирози кассатсионӣ аз рӯзи якуми ба суд супорида шуданаш пешниҳодшуда ҳисоб карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869аз 19.07.2022 № 1899).
Моддаи 243. Баргардонидани шикоят ва эътирози кассатсионӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869, аз 19.07.2022 № 1899)
1. Судяи марҳилаи кассатсионии суди иқтисодӣ шикоят ва эътирози кассатсиониро бармегардонад, агар дар вақти баррасии масъалаи қабули шикоят ва эътирози кассатсионӣ ба истеҳсолот муайян кунад, ки (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869, аз 19.07.2022 № 1899):
- шикоят ва эътирози кассатсионӣ аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи овардани шикоят ва эътирози кассатсиониро надорад, пешниҳод шуда бошад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776, аз 03.07.2012 № 869, аз 19.07.2022 № 1899);
- шикоят ва эътирози кассатсионӣ нисбати санади судие пешниҳод шудааст, ки мувофиқи Кодекси мазкур ба тариқи истеҳсолоти кассатсионӣ мавриди шикоят қарор гирифта наметавонад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776, аз 03.07.2012 № 869,  аз 19.07.2022 № 1899);
- шикоят ва эътирози кассатсионӣ бо гузаронидани мӯҳлати муқаррарнамудаи Кодекси мазкур пешниҳод шуда, дархост оид ба барқарор кардани мӯҳлати шикоят ва эътирози кассатсиониро надошта бошад ё дархости онҳо оид ба барқарор кардани мӯҳлати шикоят ва эътирози кассатсионӣ рад карда шуда бошад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776, аз 03.07.2012 № 869, аз 19.07.2022 № 1899);
- то баровардани таъинот дар бораи қабули шикоят ва эътирози кассатсионие, ки аз тарафи шикояткунанда пешниҳод карда шудааст, дархост дар бораи баргардонидани шикоят ва эътироз ба суд дохил шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869, аз 19.07.2022 № 1899);
- камбудиҳое, ки асоси беҳаракат мондани шикоят ва эътирози кассатсионӣ гардидаанд, дар мӯҳлати муқарраргардидаи таъинот ислоҳ карда нашуда бошанд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869, аз 19.07.2022 № 1899).
2. Дар бораи баргардонидани шикоят ва эътирози кассатсионӣ суд таъинот мебарорад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869, аз 19.07.2022 № 1899).
3. Дар таъинот асосҳои баргардонидани шикоят ва эътирози кассатсионӣ нишон дода, масъалаи баргаронидани боҷи давлатӣ аз буҷети давлат ҳал карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869, аз 19.07.2022 № 1899).
4. Нусхаи таъинот оид ба баргардонидани шикоят ва эътирози кассатсионӣ ба шахси пешниҳоднамудаи шикоят ва эътирози кассатсионӣ якҷоя бо ҳуҷҷатҳои бо шикоят пешниҳодшуда, на дертар аз рӯзи дигаре, ки таъинот бароварда шудааст ва ё баъди гузаштани мӯҳлате, ки дар таъинот барои ислоҳи камбудиҳое, ки асос барои беҳаракат мондани шикоят гардида буд, баргардонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869, аз 19.07.2022 № 1899).
5. Аз таъиноти суди иқтисодӣ оид ба баргардонидани шикоят ва эътирози кассатсионӣ ба суди марҳилаи кассатсионӣ шикоят намудан мумкин аст. Дар ҳолати бекор намудани таъиноти судя оид ба баргардонидани шикоят ва эътирози кассатсионӣ он аз рӯзи якуми ба суд супорида шуданаш пешниҳодшуда ҳисоб меёбад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869, аз 19.07.2022 № 1899).
6. Баргардонидани шикоят ва эътирози кассатсионӣ барои такроран муроҷиат намудан ба суди иқтисодӣ ба таври умумӣ бо шикоят ва эътирози кассатсионӣ, баъди ислоҳ намудани камбудиҳои дар таъинот нишондодашуда мамоният намекунад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869, аз 19.07.2022 № 1899).
Моддаи 244. Қатъ намудани истеҳсолоти кассатсионӣ
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1899)
1. Истеҳсолоти кассатсионӣ дар он ҳолат қатъ карда мешавад, ки агар баъди ба истеҳсолоти суд қабул гардидани шикоят ё эътирози кассатсионӣ, дархост оид ба даст кашидан аз шикоят ё эътироз ба суд дохил шавад ва ин дасткашӣ тибқи муқаррароти моддаи 48 Кодекси мазкур аз тарафи суд қабул карда шавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1899).
2. Агар дар шикоят ё эътирози кассатсионӣ талабҳои нави мавриди баррасии суди иқтисодии марҳилаи якум нагардидае, ки ҳалномаро қабул кардааст, ба миён гузошта шуда бошад, суди марҳилаи кассатсионӣ истеҳсолоти кассатсиониро дар ин қисм қатъ мегардонад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869, аз 19.07.2022 № 1899).
3. Оид ба қатъ кардани истеҳсолоти кассатсионӣ таъинот бароварда мешавад. Нусхаи таъинот оид ба қатъ кардани шикоят ё эътирози кассатсионӣ ба шахсони иштироккунандаи парванда на дертар аз рӯзи дигаре, ки таъинот бароварда шудааст, фиристонида мешавад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776, аз 03.07.2012 № 869, аз 19.07.2022 № 1899).
4. Аз таъиноти суди иқтисодӣ оид ба қатъ намудани истеҳсолоти кассатсионӣ ба суди марҳилаи кассатсионӣ шикоят намудан мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869, аз 19.07.2022 № 1899).
5. Дар ҳолати қатъ намудани истеҳсолоти кассатсионӣ такроран худи ҳамон шахс бо ҳамон асосҳо шикоят ё эътирози кассатсионӣ карда наметавонад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869, аз 19.07.2022 № 1899).
Моддаи 245. Тартиби баррасии парванда дар марҳилаи кассатсионӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869)
1. Дар марҳилаи кассатсионӣ парванда дар маҷлиси судӣ дар ҳайати дастҷамъии судяҳо аз рӯи қоидаҳои баррасии парванда дар суди иқтисодии марҳилаи якум бо назардошти хусусиятҳои пешбининамудаи боби мазкур баррасӣ карда мешавад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776, аз 03.07.2012 № 869).
2. Дар марҳилаи кассатсионӣ, инчунин дар сурати гузаронидани ҳаракатҳои алоҳидаи мурофиавӣ берун аз маҷлиси судӣ тибқи муқаррароти пешбининамудаи моддаи 154 Кодекси мазкур протокол тартиб дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869).
3. Дар марҳилаи кассатсионӣ қоидаҳо оид ба якҷоя ва ҷудо кардани якчанд талабот, оид ба тағйир додани предмет ё асосҳои даъво, оид ба тағйир додани ҳаҷми талаботи даъво, оид ба пешниҳоди даъвои муқобили даъво, оид ба иваз намудани ҷавобгари номуносиб, оид ба ҷалби шахсони сеюм барои иштирок дар парванда, инчунин дигар қоидаҳое, ки бо Кодекси мазкур танҳо барои баррасии парванда дар суди иқтисодии марҳилаи якум муқаррар шудаанд, татбиқ намегарданд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776, аз 03.07.2012 № 869).
Моддаи 246. Мӯҳлати баррасии шикоят ва эътирози кассатсионӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869, аз 19.07.2022 №1899)
Суди марҳилаи кассатсионӣ шикоят ва эътирози кассатсиониро аз болои ҳалномаи суди иқтисодии марҳилаи якум дар мӯҳлати на дертар аз як моҳи баъди дохилшавии шикоят ё эътироз ба марҳилаи кассатсионӣ бо баҳисобгирии мӯҳлати тайёрии парванда барои баррасӣ ва қабули санади судӣ баррасӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869, аз 19.07.2022 № 1899).
Моддаи 247. Ҳадди баррасии парванда дар марҳилаи кассатсионӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869)
1. Марҳилаи кассатсионии суди иқтисодӣ қонунӣ ва асоснок будани ҳалномаи суди марҳилаи якумро бо дар назар доштани ваҷҳҳои дар шикоят ва эътирози кассатсионӣ пешниҳодшуда ва норозигиҳо нисбат ба шикоят ва эътироз месанҷад  (қонуни ҶТ аз 02.04.2020 № 1687).
2. Марҳилаи кассатисонии суди иқтисодӣ парвандаро дар асоси далелҳои дар парванда мавҷудбуда ва далелҳои иловагии пешниҳодшуда баррасӣ мекунад. Суд далелҳои иловатан пешниҳодшударо дар сурате қабул ва мавриди баҳодиҳӣ қарор медиҳад, ки агар шахси иштироккунандаи парванда бо сабабҳои ба ӯ вобастанабуда дар хусуси ба суди марҳилаи якум надоштани имкони пешниҳоди онҳоро асоснок намояд ва суд ин сабабҳоро ҳамчун сабабҳои узрнок ҳисоб кунад. Дар хусуси қабули далелҳои нав ва таҳқиқи онҳо суди марҳилаи кассатсионӣ таъинот қабул мекунад  (қонуни ҶТ аз 02.04.2020 № 1687).
3. Ҳуҷҷатҳои барои асосноккунии норозигӣ нисбати шикоят ва эътирози кассатсионӣ пешниҳоднамуда мутобиқи моддаи 239 Кодекси мазкур аз ҷониби марҳилаи кассатсионии суди иқтисодӣ қабул карда, моҳиятан баррасӣ мешаванд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776, аз 03.07.2012 № 869,  аз 19.07.2022 № 1899).
4. Таҳқиқи далелҳо бо тартибе, ки барои суди марҳилаи якум муқаррар гардидааст, анҷом дода мешавад. Тарафҳо ҳуқуқ доранд дар хусуси даъват ва пурсиши шоҳидони иловагӣ, гузаронидани экспертиза, талаб карда гирифтани далелҳои дигаре, ки таҳқиқи онҳоро суди марҳилаи якум барояшон рад карда буд, дархост пешниҳод намоянд. Суди марҳилаи кассатсионӣ ҳуқуқ надорад қонеъ намудани дархости зикргардидаро бо он асосҳое, ки суди марҳилаи якум онро қонеъ накардааст, рад намояд  (қонуни ҶТ аз 02.04.2020 № 1687).
5. Ҳолатҳои парванда, ки аз тарафи шахсони иштироккунандаи парванда бо тартиби муқарраркардаи моддаи 69 Кодекси мазкур эътироф ва тасдиқ намуда, аз тарафи суди иқтисодии марҳилаи якум қабул карда шудааст, аз ҷониби суди марҳилаи кассатсионии суди иқтисодӣ санҷида намешавад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776, аз 03.07.2012 № 869).
6. Дар ҳолате ки бо тартиби истеҳсолоти кассатсионӣ як қисми ҳалнома баррасӣ гардад, марҳилаи кассатсионии суди иқтисодӣ қонунӣ ва асоснок будани танҳо қисми шикоятшавандаи ҳалномаро санҷида мебарояд, агар шахсони иштироккунандаи парванда норозигӣ изҳор накунанд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776, аз 03.07.2012 № 869).
7. Новобаста ба ваҷҳҳои шикоят ва эътирози кассатсионӣ марҳилаи кассатсионии суди иқтисодӣ санҷида мебинад, ки меъёрҳои ҳуқуқи мурофиавӣ аз тарафи суди марҳилаи якум вайрон карда нашудааст, ки онҳо тибқи муқаррароти қисми 4 моддаи 249 Кодекси мазкур барои бекор кардани ҳалномаи суди иқтисодӣ марҳилаи якум асос мегарданд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869аз 19.07.2022 № 1899).
8. Талаботи наве, ки аз тарафи суди марҳилаи якум мавриди баррасӣ қарор нагирифта буд, аз тарафи суди марҳилаи кассатсионии суди иқтисодӣ қабул ва мавриди баррасӣ қарор намегиранд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869).
Моддаи 248. Салоҳияти марҳилаи кассатсионӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869)
1. Суди марҳилаи кассатсионӣ аз рӯи натиҷаи баррасии парванда ба тариқи кассатсионӣ:
- санади судии суди марҳилаи якумро бетағйир мемонад, шикоят ва эътирози кассатсиониро қонеъ намегардонад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1899);
- санади судии суди марҳилаи якумро пурра ё қисман бекор мекунад ва санади судии нав қабул менамояд;
- санади судии суди марҳилаи якумро пурра ё қисман бекор намуда, истеҳсолоти парвандаро қатъ менамояд ва ё аризаи даъвогиро қисман ва ё пурра бе баррасӣ мемонад;
- санади судии суди марҳилаи якумро бекор намуда, парвандаро барои баррасии нав ба суди иқтисодии дахлдор ирсол менамояд;
- санади судии суди марҳилаи якумро тағйир медиҳад;
- дар сурати ду маротиба бекор карда шудани ҳалномаҳои судӣ вобаста ба парвандаи мушаххас, ин парвандаро барои баррасӣ ба сифати суди марҳилаи якум ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол менамояд;
- шикоят ё эътирозро баррасӣ намекунад, агар шахси шикоят ё эътироз пешниҳоднамуда бе сабабҳои узрнок ба маҷлиси коллегияи судии марҳилаи кассатсионӣ ҳозир нашавад ва дар бораи бе иштироки вай баррасӣ намудани парванда ариза надода бошад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1899).
2. Марҳилаи кассатсионӣ дар сурати ба баррасии нав ирсол кардани парванда ҳуқуқ надорад ҳолати корро муайян ва ё исботшуда ҳисоб кунад, агар он дар санади судии суди марҳилаи якум муайян нашуда бошад ё рад карда шуда бошад, пешакӣ масъалаи дуруст ё нодуруст будани ин ё он далел, бартарии ин далелҳоро аз якдигар, татбиқ шудани меъёрҳои мушаххаси ҳуқуқи моддӣ ва ё қабул шудани қарори дахлдорро ҳангоми баррасии нав ҳал намояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869).
Моддаи 249. Асосҳои тағйир додан ё бекор намудани ҳалнома
(Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776)
1. Асосҳои тағйир додан ё бекор намудани ҳалномаи суди иқтисодии марҳилаи якум инҳо мебошанд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776):
- пурра равшан накардани ҳолатҳое, ки барои парванда аҳамият доранд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776);
- исбот нашудани ҳолатҳои барои парванда аҳамиятноке, ки онҳоро суд муқаррар кардашуда ҳисоб кардааст (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776);
- ба ҳолатҳои парванда номувофиқ будани хулосаҳое, ки дар ҳалнома баён гардидаанд;
- вайрон кардан ё нодуруст татбиқ намудани меъёрҳои ҳуқуқи моддӣ ё меъёрҳои ҳуқуқи мурофиавӣ.
2. Татбиқи нодурусти меъёрҳои ҳуқуқи моддӣ инҳоянд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776):
- агар суд қонунеро, ки татбиқ кардан лозим аст, татбиқ накарда бошад;
- агар суд қонунеро, ки татбиқ кардан лозим набуд, татбиқ карда бошад;
- агар суд қонунро нодуруст маънидод карда бошад.
3. Татбиқи вайрон ё нодурусти меъёрҳои ҳуқуқи мурофиавӣ асос барои тағйир додан ё бекор кардани ҳалномаи суди иқтисоди марҳилаи якум шуда метавонад, агар ин вайронкунӣ боиси қабули ҳалномаи нодуруст шуда бошад ё шуда тавонад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
4. Ҳалномаи суди иқтисодии марҳилаи якум дар мавридҳои зерин бекор карда мешавад:
- агар суди иқтисодӣ парвандаро дар ҳайати ғайриконунӣ баррасӣ карда бошад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776);
- агар суд парвандаро дар ғоибии яке аз он шахсони иштироккунандаи парванда, ки дар бораи вақт ва ҷои маҷлиси суд ба таври дахлдор огоҳ карда нашудаанд, баррасӣ карда бошад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776);
- агар дар вақти баррасии парванда қоидаҳои забон вайрон карда шуда бошанд;
- агар суд дар бораи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шахсоне, ки барои иштирок дар парванда ҷалб карда нашудаанд, ҳалнома қабул карда бошад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776);
- агар парванда дар ҳайати дастҷамъии судяҳо баррасӣ шуда, ба ҳалнома судяҳо ё яке аз судяҳо имзо нагузошта бошанд ё ин ки ҳалнома аз ҷониби на он судяҳое имзо шуда бошад, ки дар ҳалнома нишон дода шудаанд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776);
- агар дар парванда протоколи маҷлиси судӣ мавҷуд набошад ё ба он на он шахсоне, ки дар моддаи 154 Кодекси мазкур нишон дода шудаанд, имзо гузошта бошанд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776);
- агар дар вақти қабули ҳалнома қоидаҳои махфияти машварати судяҳо вайрон карда шуда бошад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
Хориҷ карда шуд (Қонуни ЧТ аз 30.05.2017 № 1420).
Моддаи 250. Қарори марҳилаи кассатсионии суди иқтисодӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869)
1. Дар натиҷаи баррасии шикоят ё эътирози кассатсионӣ марҳилаи кассатсионии суди иқтисодӣ санади судӣ қабул мекунад, ки қарор ном дорад ва аз тарафи судяҳое, ки парвандаро баррасӣ кардаанд имзо гузошта мешаванд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776, аз 03.07.2012 № 869, аз 19.07.2022 № 1899).
2. Дар қарор инҳо бояд нишон дода шаванд:
- номи суди иқтисодӣ, ҳайати суди қарор қабулкунанда, насаб, ном ва номи падари котиби маҷлиси судӣ (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869);
- рақами парванда, сана ва ҷои қабули қарор;
- номи шахси шикоят ё эътирозро пешниҳоднамуда ва ҳолати мурофиавии он (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1899);
- номи шахсони иштироккунандаи парванда;
- предмети баҳс;
- насаб, ном ва номи падари шахсони иштироккунандаи мурофиаи судӣ бо нишон додани ваколатҳояшон (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869) ;
- санаи қабули ҳалномаи шикоятшавандаи суди иқтисодии марҳилаи якум ва насаб, ном ва номи падари ҳайати судяҳои онро қабулкарда (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869);
- мазмуни мухтасари ҳалномаи қабулкардашуда;
- асосҳое, ки дар шикоят ё эътирози кассатсионӣ оид ба санҷиши қонунӣ ва асоснок будани ҳалнома масъала гузошта шудааст (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869, аз 19.07.2022 № 1899);
- ваҷҳҳое, ки дар норозигӣ нисбати шикоят ё эътирози кассатсионӣ оварда шудааст (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869, аз 19.07.2022 № 1899);
- баёноти шахсони иштироккунандаи парванда ва иштироккунандагони мурофиаи судӣ;
- ҳолатҳои муайяннамудаи суди марҳилаи кассатсионии суди иқтисодӣ; далелҳое, ки хулосаҳои суд ба он ҳолатҳо асоснок карда шудаанд; қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки суд дар вақти қабули қарор онҳоро дастрас намудааст; ваҷҳҳое, ки суд бо татбиқи онҳо ин ё он далелро инкор намудааст ва ё қонун ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро, ки шахсони иштироккунандагони парванда ба онҳо истинод овардаанд, қабул накардааст (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869);
- ваҷҳҳое, ки суди марҳилаи кассатсионии суди иқтисодӣ ба хулосаҳои суди марҳилаи якум розӣ нашудааст, агар ҳалнома қисман ё пурра бекор карда шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869);
- хулоса оид ба натиҷаи баррасии шикоят ё эътирози кассатсионӣ (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 №869, аз 19.07.2022 № 1899).
3. Суд ҳангоми қонеъ нагардонидани шикоят ё эътирози кассатсионӣ ӯҳдадор аст асосҳоеро, ки мутобиқи он ваҷҳҳои шикоят ё эътироз рад карда шудаанд, зикр намояд (қонуни ҶТ  аз 02.04.2020 № 1687, аз 19.07.2022 № 1899).
4. Ҳангоми пурра ё қисман бекор кардани ҳалнома ё супоридани парванда ҷиҳати баррасии нав суд ӯҳдадор аст амалеро, ки суди марҳилаи якум ҳангоми баррасии нави парванда бояд анҷом диҳад, зикр намояд (қонуни ҶТ  аз 02.04.2020 № 1687)
5. Дар қарори марҳилаи кассатсионии суди иқтисодӣ тақсими хароҷоти судӣ миёни тарафҳо, аз ҷумла хароҷоти судие, ки барои пешниҳоди шикоят ё эътирози кассатсионӣ сарф шудаанд, нишон дода мешавад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776, аз 03.07.2012 № 869, аз 02.04.2020 №1687, аз 19.07.2022 № 1899).
6. Нусхаи қарори марҳилаи кассатсионии суди иқтисодӣ ба шахсони иштироккунандаи парванда дар мӯҳлати панҷ рӯзи баъди қабул шуданаш фиристонида мешавад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776, аз 03.07.2012 № 869, аз 02.04.2020 №1687).
7. Қарори марҳилаи кассатсионии суди иқтисодӣ аз рӯзи қабул шуданаш эътибори қонунӣ пайдо мекунад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776, аз 03.07.2012 № 869, аз 02.04.2020 №1687).
Моддаи 250(1). Таъиноти хусусии суди марҳилаи кассатсионӣ
(Қонуни ЧТ аз 30.05.2017 № 1420)
Суди марҳилаи кассатсионӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 186(1) Кодекси мазкур ҳуқуқ дорад таъиноти хусусӣ қабул намояд (Қонуни ЧТ аз 30.05.2017 № 1420).
Моддаи 250(2). Ҳатмӣ будани нишондодҳои суди марҳилаи кассатсионӣ
(қонуни ҶТ  аз 02.04.2020 № 1687)
1. Нишондодҳои марбут ба зарурати гузаронидани амали мурофиавӣ, ки дар қарори суди марҳилаи кассатсионӣ зикр гардидаанд, ҳангоми бекор кардани ҳалномаи суди марҳилаи якум ва супоридани парванда ҷиҳати баррасии нав барои суде, ки парвандаи мазкурро аз нав баррасӣ мекунад, ҳатмӣ мебошанд.
2. Суди марҳилаи кассатсионӣ ҳуқуқ надорад масъалаҳои боэътимод ё беэътимод будани далел, афзалияти як далел нисбат ба далели дигарро пешакӣ ҳал намояд (қонуни ҶТ  аз 02.04.2020 № 1687).
Моддаи 250(3). Тартиби баррасии шикоят ва эътирозе, ки ба суди марҳилаи кассатсионӣ пас аз баррасии парванда ворид гардидааст
(қонуни ҶТ  аз 02.04.2020 № 1687, аз 19.07.2022 № 1899)
1. Агар шикоят ва эътирози кассатсионие, ки дар мӯҳлати муқарраргардида, ё ин ки пас аз барқарор намудани мӯҳлати гузаронидашуда ирсол гардидааст, ба суди марҳилаи кассатсионӣ пас аз баррасии парванда оид ба дигар шикоят ворид шуда бошад, суди иқтисодӣ ӯҳдадор аст чунин шикоят ва эътирози кассатсиониро ба истеҳсолоти худ қабул кунад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1899).
2. Агар суди марҳилаи кассатсионӣ ҳангоми мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур баррасӣ намудани шикоят ва эътирози кассатсионӣ ба хулоса ояд, ки қарори суди марҳилаи кассатсионии қаблан қабулшуда ғайриқонунӣ ё беасос мебошад, онро бекор карда, қарори нави марҳилаи кассатсиониро қабул мекунад (қонуни ҶТ  аз 02.04.2020 № 1687,  аз 19.07.2022 № 1899).
Моддаи 250(4). Тавзеҳи қарори марҳилаи кассатсионӣ. Ислоҳи иштибоҳ, саҳв ва хатои арифметикӣ
(қонуни ҶТ  аз 02.04.2020 № 1687)
1. Тавзеҳи қарори марҳилаи кассатсионӣ, инчунин ислоҳи иштибоҳ, саҳв ва хатои арифметикӣ бо тартиб ва дар мӯҳлатҳои пешбининамудаи моддаи 177 Кодекси мазкур аз ҷониби суди марҳилаи кассатсионӣ ба амал бароварда мешаванд.
2. Нисбат ба масъалаҳои тавзеҳи қарори марҳилаи кассатсионӣ, ислоҳи иштибоҳ, саҳв ва хатои арифметикӣ марҳилаи кассатсионӣ дар мӯҳлати даҳ рӯзи пас аз воридшавии ариза ба суд таъинот қабул мекунад, ки нисбати он ба марҳилаи кассатсионӣ шикоят намудан мумкин аст (қонуни ҶТ  аз 02.04.2020 № 1687).
Моддаи 251. Шикоят ва эътирози кассатсионӣ аз таъиноти суди марҳилаи якум
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869, аз 19.07.2022 № 1899)
1. Аз таъиноти суди иқтисодии марҳилаи якум дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур шикоят намудан мумкин аст.
2. Шикоят ва эътирози кассатсионӣ аз таъиноти суди марҳилаи якум ба суди марҳилаи кассатсионии суди иқтисодӣ пешниҳод карда мешавад ва бо тартиби муқаррарнамудаи пешниҳоди шикоят ва эътирози кассатсионӣ аз ҳалномаи суди иқтисодии марҳилаи якум бо дарназардошти хусусиятҳои муқаррарнамудаи қисми 3 моддаи мазкур баррасӣ мегардад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869, аз 19.07.2022 № 1899).
3. Шикоят ва эътирози кассатсионӣ аз таъиноти суди иқтисодии марҳилаи якум оид ба баргардонидани аризаи даъвогӣ ва дигар таъинот, ки барои ҳаракати минбаъдаи парванда монеъ мешавад, аз тарафи суди марҳилаи кассатсионии суди иқтисодӣ дар мӯҳлати на зиёдтар аз даҳ рӯзи баъди дохилшавии шикоят ба суд баррасӣ мегардад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869,  аз 19.07.2022 № 1899).
4. Марҳилаи кассатсионии суди иқтисодӣ дар натиҷаи баррасии шикоят нисбати таъиноти суди иқтисодии марҳилаи якум ҳуқуқ дорад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776, аз 03.07.2012 № 869, аз 30.05.2017 № 1420):
- таъинотро тағйир надиҳад ва шикоят ва эътирозро қонеъ нагардонад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1899);
- таъиноти суди иқтисодии марҳилаи якумро бекор намуда, онро барои баррасии нав ба суди иқтисодии марҳилаи якум фиристад;
- таъинотро қисман ва ё пурра бекор намуда, масъаларо моҳиятан ҳал намояд.
БОБИ 32. Хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869)
Моддаи 252. Хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869)
Моддаи 253. Хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869)
Моддаи 254. Хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869)
Моддаи 255. Хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869)
Моддаи 256. Хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869)
Моддаи 257. Хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869)
Моддаи 258. Хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869)
Моддаи 259. Хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869)
Моддаи 260. Хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869)
Моддаи 261. Хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869)
Моддаи 262. Хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869)
Моддаи 263. Хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869)
Моддаи 264. Хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869)
Моддаи 265. Хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869)
Моддаи 266. Хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869)
Моддаи 267. Хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869)
Моддаи 268. Хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869)
Моддаи 268(1).Хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869)
Моддаи 269. Хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869)
БОБИ 33. АЗ НАВ БАРРАСӢ НАМУДАНИ САНАДҲОИ СУДИИ ЭЪТИБОРИ ҚОНУНИ ПАЙДОКАРДА МУРОФИА ДАР СУДИ МАРҲИЛАИ НАЗОРАТӢ
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869)
Моддаи 270. Аз нав баррасӣ намудани санадҳои судӣ ба тариқи назоратӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869)
1. Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад санадҳои судии эътибори қонунӣ пайдокардаи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ба истиснои қарорҳои Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз нав ба тариқи назоратӣ мутобиқи қоидаҳои муқаррарнамудаи боби мазкур аз рӯи шикояти шахсони иштироккунандаи парванда ва шахсони дигари дар моддаи 41 Кодекси мазкур зикргардида бо эътирози Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо эътирози Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ӯ, прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони онҳо баррасӣ намояд (Қонуни ҶТ  аз 02.04.2020 № 1687, аз 19.07.2022 № 1899).
2. Шахсони иштироккунандаи парванда ва дигар шахсон низ дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур метавонанд ба тариқи назоратӣ санади судиро, агар гумон кунанд, ки бо ин санади судӣ ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ дар натиҷаи меъёрҳои ҳуқуқи моддӣ ё меъёрҳои ҳуқуқи мурофиавиро риоя накардан ё нодуруст татбиқ намудани суди иқтисодӣ ба таври ҷиддӣ вайрон карда шудаанд, мавриди баҳс қарор диҳанд.
3. Шикоят ё эътирози назоратӣ дар бораи аз нав баррасӣ намудани санади судӣ ба тариқи назоратӣ мумкин аст ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати шаш моҳи баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани онҳо пешниҳод гардад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869).
Моддаи 271. Тартиби пешниҳод намудани шикоят ё эътирози назоратӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869)
1. Шикоят ё эътирози назоратӣ бевосита ба суди иқтисодии марҳилаи назоратӣ пешниҳод карда мешавад. Шикоят ё эътирози назоратӣ мумкин аст дар шакли электронӣ бо имзои электронии рақамии тасдиқшуда бо ҷойгир намудани он дар сомонаи судҳои иқтисодӣ пешниҳод карда шавад(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1931).
2. Шикоят ё эътирози назоратӣ ба санадҳои судии зерин пешниҳод мегардад:
- оид ба ҳалнома ва таъиноти эътибори қонунӣ пайдокардаи судҳои иқтисодии марҳилаи якум - ба коллегияи судии марҳилаи назоратии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- оид ба қарорҳои коллегияи марҳилаҳои кассатсионӣ ва назоратии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон - ба Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869).
Моддаи 272. Мӯҳтавои шикоят ё эътирози назоратӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869)
1. Шикоят ё эътирози назоратӣ бояд маълумотҳои зеринро дар бар гирад:
- номи суде, ки ба он шикоят ё эътирози назоратӣ ирсол мегардад;
- насаб, ном ва номи падари шахсе, ки шикоят ё эътирози назоратӣ пешниҳод кардааст, маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавӣ ва мавқеи мурофиавии ӯ дар парванда;
- насаб, ном ва номи падари дигар шахсони иштироккунандаи парванда, маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии онҳо;
- зикри судҳое, ки парвандаро ба сифати суди марҳилаи якум ё марҳилаи кассатсионӣ ё назоратӣ баррасӣ намудаанд ва мӯҳтавои санадҳои судии қабулнамудаи онҳо;
- зикри санади судӣ, ки таҳти шикоят ё эътирози назоратӣ қарор гирифтаанд;
- ишора ба вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби судҳо;
- хоҳиши шахсе, ки шикоят ё эътирози назоратӣ пешниҳод кардааст;
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти боҷи давлатӣ бо тартиб ва андозаи муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- зикри қаблан боздошт гардидани иҷрои санади судӣ (Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1857);
- номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки ба шикоят ё эътирози назоратӣ замима мегарданд.
2. Агар шикоят ё эътирози назоратӣ қаблан ба марҳилаи назоратӣ пешниҳод шуда бошад, дар он бояд ба қарори қабулнамудаи суд ишора гардад.
3. Дар шикояти назоратӣ мумкин аст рақами телефон, факс, суроғаи почтаи электронии шахси иштироккунандаи парванда ва намояндаи ӯ ва ё дигар маълумоти зарурӣ, ки барои баррасии парванда муҳиманд, нишон дода шаванд.
4. Шикояти назоратиро бояд шахси онро пешниҳоднамуда ё намояндаи ӯ имзо кунад. Ба шикояти назоратие, ки намоянда пешниҳод кардааст, ваколатнома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ваколати намоянда замима мегардад. Эътирози назоратӣ бояд аз ҷониби прокуроре, ки эътироз овардааст, имзо карда шавад.
5. Ба шикоят ё эътирози назоратӣ нусхаи санадҳои нисбат ба парванда қабулнамудаи суд, ки ба таври дахлдор тасдиқ карда шудаанд, замима мегардад.
6. Шикоят ё эътирози назоратӣ бо нусхаҳо мутаносибан ба теъдоди шахсони иштироккунандаи парванда пешниҳод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869).
Моддаи 273. Амали суди иқтисодии марҳилаи назоратӣ баъди пешниҳод намудани шикоят ё эътирози назоратӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869)
1. Шикояти назоратии пешниҳодшуда бо супориши Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муовини ӯ ба баррасии судяи ҳамин суд супорида мешавад.
2. Эътирози назоратии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита аз ҷониби суди марҳилаи назоратӣ дар асоси дастҷамъона баррасӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1899).
Моддаи 274. Бе баррасӣ баргардонидани шикоят ё эътирози назоратӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869)
Шикоят ё эътирози назоратӣ аз ҷониби судя дар мӯҳлати даҳ рӯз аз рӯзи воридшавӣ ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе баррасӣ дар ҳолатҳои зерин баргардонида мешавад, агар:
- шикоят ё эътирози назоратӣ ҷавобгӯи талаботи пешбининамудаи моддаи 272 ҳамин Кодекс набошад;
- шикоят ё эътирози назоратиро шахсе пешниҳод карда бошад, ки барои муроҷиат ба суди марҳилаи назоратӣ ҳуқуқ надорад;
- мӯҳлати пешниҳоди шикоят ё эътирози назоратӣ нисбат ба санадҳои судӣ бо тартиби назоратӣ гузаронида шуда бошад;
- то қабули шикоят ё эътирози назоратӣ ҷиҳати моҳиятан баррасӣ намудани он дар хусуси баргардонадан ё бозхонди он дархост ворид шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869).
Моддаи 275. Талаб карда гирифтани парванда дар асоси шикоят ё эътирози назоратӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869)
1. Дар ҳолати мавҷуд набудани асосҳои пешбининамудаи моддаи 274 ҳамин Кодекс судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят ё эътирози назоратиро қабул намуда, оид ба талаб карда гирифтани парванда аз суди дахлдор таъинот қабул мекунад.
2. Ҳангоми талаб карда гирифтани парванда судя ҳуқуқ дорад иҷрои санади судиро то хотимаи мурофиа дар суди иқтисодии марҳилаи назоратӣ боздорад, агар дар шикоят ё эътирози назоратии пешниҳодшуда ё дар дигар дархост чунин хоҳиш зикр гардида бошад.
3. Иҷрои санади судии суди иқтисодӣ аз тарафи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархости шахсе, ки бо шикоят дар бораи аз нав баррасӣ намудани санади судӣ ба тариқи назоратӣ муроҷиат кардааст, ба шарте боздошта мешавад, ки аризадиҳанда имконияти баргардонидани иҷрои онро асоснок намояд ё ба тарафи дигари парванда ҷуброни зиёни имконпазирро аз рӯи парванда бо роҳи ба депозити суди иқтисодӣ, ки парвандаро дар марҳилаи якум баррасӣ менамояд, маблағи пулии дар доираи мавриди баҳс қароргирифтаро пардохт намояд ва агар суд бо мақсади таъмини мувозинати ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои тарафайн боздоштани иҷрои санади судиро зарур шуморад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869).
4. Боздошти иҷрои санади судӣ дар марҳилаҳои назоратӣ ба судя, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ на бештар аз як маротиба иҷозат дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1857).
Моддаи 276. Баррасии парвандаҳое, ки ба суди иқтисодии марҳилаи назоратӣ талаб карда гирифта шудаанд
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869)
1. Парвандаи талаб карда гирифтаро судя дар мӯҳлати на дертар аз ду моҳ баррасӣ менамояд. Чунин мӯҳлатро раиси суд ё муовини ӯ метавонад то як моҳи дигар дароз намояд.
2. Оид ба натиҷаи баррасии парванда, ки ба суди иқтисодии марҳилаи назоратӣ талаб карда гирифта шудааст, судя таъиноти зерин қабул мекунад:
- оид ба рад намудани ирсоли парванда ҷиҳати моҳиятан баррасӣ намудани он ба суди иқтисодии марҳилаи назоратӣ;
- оид ба ирсол намудани парванда ба суди иқтисодии марҳилаи назоратӣ барои моҳиятан баррасӣ намудани шикоят ё эътирози назоратӣ.
3. Парвандае, ки ба баррасии суди иқтисодии марҳилаи назоратӣ супурда шудааст, дар мӯҳлати на дертар аз як моҳ баррасӣ мегардад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 №869).
Моддаи 277. Таъинот оид ба рад намудани ирсоли парванда барои моҳиятан баррасӣ намудани он дар суди иқтисодии марҳилаи назоратӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869)
1. Таъинот оид ба рад намудани ирсоли парванда барои моҳиятан баррасӣ намудани он дар суди иқтисодии марҳилаи назоратӣ бояд маълумотҳои зеринро дар бар гирад:
- сана ва маҳалли қабул кардани таъинот;
- номи суд, насаб, ном ва номи падари судяе, ки таъинотро қабул кардааст;
- насаб, ном ва номи падари шахсе, ки шикоят ё эътирози назоратиро пешниҳод намудааст;
- маълумот дар бораи санадҳои судие, ки мавриди шикоят ё эътирози назоратӣ қарор гирифтаанд;
- асосҳои рад намудани ирсоли парванда ба суди иқтисодии марҳилаи назоратӣ барои моҳиятан баррасӣ намудани он.
2. Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ ҳуқуқ доранд бо таъиноти судя ҷиҳати рад намудани ирсоли парванда барои моҳиятан баррасӣ намудани он дар суди марҳилаи назоратӣ розӣ нашаванд. Дар ин ҳолат Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муовинони ӯ дар хусуси ирсоли парванда барои моҳиятан барассӣ намудан дар суди иқтисодии марҳилаи назорати таъинот қабул мекунанд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869).
Моддаи 278. Таъинот оид ба ирсоли парванда барои моҳиятан баррасӣ намудан дар суди иқтисодии марҳилаи назоратӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869)
1. Таъинот оид ба ирсоли парванда барои моҳиятан баррасӣ намудан дар суди иқтисодии марҳилаи назоратӣ бояд маълумотҳои зеринро дар бар гирад:
- сана ва маҳалли қабул намудани таъинот;
- номи суд, насаб, ном ва номи падари судяе, ки таъинотро қабул кардааст (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 937);
- номи суди марҳилаи назоратие, ки парванда ба он ҷиҳати моҳиятан баррасӣ намудан ирсол мегардад;
- насаб, ном ва номи падари шахсе, ки шикоят ё эътирози назоратиро пешниҳод кардааст;
- маълумот дар бораи санадҳои судие, ки мавриди шикоят ё эътирози назоратӣ қарор гирифтаанд;
- зикри мӯҳтавои парванда, ки нисбат ба он санадҳои судӣ қабул карда шудаанд;
- зикри далелнокии асосҳо ҷиҳати ирсоли парванда барои моҳиятан баррасӣ намудани он;
- пешниҳоди судяе, ки таъинот қабул кардааст.
2. Судя якҷоя бо таъиноти қабулкарда парванда ва шикоят ё эътирози назоратиро ба суди иқтисодии марҳилаи назоратӣ ирсол менамояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869).
Моддаи 279. Огоҳ намудани шахсони иштироккунандаи парванда оид ба ирсоли парванда барои моҳиятан баррасӣ намудан дар суди иқтисодии марҳилаи назоратӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869)
1. Суди иқтисодии марҳилаи назоратӣ ба шахсони иштироккунандаи парванда нусхаи таъинотро оид ба ирсоли парванда барои моҳиятан баррасӣ намудан дар суди марҳилаи назоратӣ ва нусхаи шикоят ё эътирози назоратиро мефиристонад. Вақти баррасии парвандаро суд бо назардошти имконияти ба маҷлиси судӣ ҳозир шудани ҳамаи шахсони иштироккунандаи парванда муайян мекунад.
2. Шахсони иштироккунандаи парванда оид ба вақт ва маҳалли баррасии парванда ба таври дахлдор огоҳ карда мешаванд, аммо ҳозир нашудани онҳо барои баррасии парванда монеа намегардад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869).
Моддаи 280. Тартиби баррасии парванда дар суди иқтисодии марҳилаи назоратӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869)
1. Суди иқтисодии марҳилаи назоратӣ парвандаҳоро дар маҷлиси судӣ баррасӣ менамояд. Дар маҷлиси судӣ шахсони иштироккунандаи парванда, намояндагони онҳо ва дигар шахсоне, ки шикоят ё эътирози назоратиро пешниҳод кардаанд, агар ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо бо санадҳои қабулкардаи суд вайрон гардида бошад, иштирок менамоянд. Агар прокурор ҳамчун шахси иштироккунандаи парванда бошад ё бо тартиби назоратӣ эътироз пешниҳод карда бошад, дар маҷлиси судӣ иштирок мекунад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1899).
2. Оид ба парвандае, ки бо тартиби назоратӣ дар Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барассӣ мегардад, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё яке аз муовинони ӯ ё мутобиқи супориши онҳо дигар аъзои Раёсат ё дигар судяе, ки қаблан дар баррасии парванда дар ҳамин суд иштирок накардааст, маърӯза менамояд. Дар коллегияи судии марҳилаи назоратии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси парванда яке аз судяҳои коллегияи судӣ маърӯза менамояд.
3. Маърӯзачӣ ҳолатҳои парванда, мӯҳтавои санадҳои судии вобаста ба парванда қабулгардида, асосҳои шикоят ё эътирози назоратӣ ва таъинот оид ба оғоз намудани мурофиаи назоратиро баён мекунад. Судяҳо метавонанд ба маърӯзачӣ савол диҳанд.
4. Шахсони дар қисми 1 моддаи мазкур зикргардида, агар онҳо ба маҷлиси судӣ ҳозир шуда бошанд, ҳуқуқ доранд оид ба парванда баёнот диҳанд. Аввалин шуда шахсе баёнот медиҳад, ки шикоят ё эътирози назоратиро пешниҳод кардааст.
5. Ҳангоми баррасии парванда бо тартиби назоратӣ ҳамаи масъалаҳо бо овоздиҳии ошкоро ва бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи овозҳо қабул карда мешаванд.
6. Дар хусуси аз ҷониби суди марҳилаи назоратӣ қабул кардани қарор ба шахсони иштироккунандаи парванда иттилоъ дода мешавад.
7. Шахсони иштироккунандаи парванда метавонанд то баррасии шикоят ё эътирози назоратӣ аз шикоят ё эътирози худ даст кашанд ва ё онро бозхонд намоянд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869).
Моддаи 281. Асосҳо барои бекор кардан ё тағйир додани санадҳои судӣ бо тартиби назоратӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869)
Асосҳо барои бо тартиби назоратӣ бекор кардан ё тағйир додани санадҳои судӣ ба таври ҷиддӣ вайрон кардани меъёрҳои ҳуқуқҳои моддӣ ва мурофиавӣ мебошад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869).
Моддаи 282. Қарори суди иқтисодии марҳилаи назоратӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869)
1. Оид ба натиҷаи баррасии парванда бо тартиби назоратӣ суди иқтисодии марҳилаи назоратӣ қарори асоснок мебарорад, ки бояд маълумотҳои зеринро дар бар гирад:
- ном ва ҳайати суде, ки қарор қабул кардааст;
- сана ва маҳалли қабул кардани қарор;
- парвандае, ки нисбат ба он қарор қабул карда шудааст;
- насаб, ном ва номи падари шахсе, ки бо тартиби назоратӣ ҷиҳати аз нав баррасӣ намудани парванда шикоят ё эътирози назоратиро пешниҳод кардааст;
- мӯҳтавои санадҳои судии таҳти шикоят ё эътирози назоратӣ қарордоштаи судҳои поёнӣ;
- қонуне, ки дар асоси он вобаста ба натиҷаҳои моҳиятан баррасӣ намудани парванда қарор қабул карда шудааст.
2. Қарори Раёсатро Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори коллегияи судиро судяҳое, ки парвандаро бо тартиби назоратӣ баррасӣ намудаанд, имзо мекунанд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869).
Моддаи 282(1). Тавзеҳи қарори марҳилаи назоратӣ. Ислоҳи иштибоҳ, саҳв ва хатои арифметикӣ
(қонуни ҶТ  аз 02.04.2020 № 1687)
Тавзеҳи қарори марҳилаи назоратӣ, инчунин ислоҳи иштибоҳ, саҳв ва хатои арифметикӣ бо тартиб ва дар мӯҳлатҳои пешбининамудаи моддаи 177 Кодекси мазкур бо хусусиятҳои баррасии парвандаҳо дар марҳилаи назоратӣ аз ҷониби коллегияи судии марҳилаи назоратӣ, ё ин ки Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад (қонуни ҶТ  аз 02.04.2020 № 1687).
Моддаи 283. Бо эътирози Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав баррасӣ намудани санадҳои судӣ бо тартиби назоратӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869)
Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ягонагии таҷрибаи судӣ ва қонуният ҳуқуқ дорад ба коллегияи назоратӣ ва Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз нав баррасӣ намудани санадҳои судӣ бо тартиби назоратӣ эътирози асоснок ирсол намояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869).
Моддаи 284. Салоҳияти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи назоратӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869)
Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи назоратӣ салоҳияти зеринро дорад:
- санади судии суди марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва ё назоратиро бетағйир мемонад, шикоят ё эътирози назоратиро дар бораи аз нав баррасӣ намудани парванда бо тартиби назоратӣ рад менамояд;
- санади судии суди иқтисодии марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва ё назоратиро пурра ё қисман бекор мекунад ва парвандаро барои баррасии нав ирсол менамояд;
- санади судии суди иқтисодии марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва ё назоратиро пурра ё қисман бекор мекунад ва шикоят ё эътирози назоратиро бе баррасӣ мемонад ё мурофиаи парвандаро қатъ мекунад;
- эътибори қонунии яке аз санадҳои судии оид ба парванда қабулшударо эътироф мекунад;
- санади судии суди иқтисодии марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва ё назоратиро бекор мекунад ё тағйир медиҳад ва агар ҳангоми татбиқ ё маънидодкунии меъёрҳои ҳуқуқи моддӣ ба иштибоҳ роҳ дода шуда бошад, парвандаро барои баррасии нав насупорида, ҳалномаи нав қабул мекунад;
- дар сурати ду маротиба бекор карда шудани ҳалномаҳои судӣ вобаста ба парвандаи мушаххас, ин парвандаро барои баррасӣ ба сифати суди марҳилаи якум ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол менамояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869).
Моддаи 285. Эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори суди иқтисодии марҳилаи назоратӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869)
1. Қарори суди иқтисодии марҳилаи назоратӣ аз рӯзи қабул намудани он эътибори қонунӣ пайдо мекунад.
2. Нусхаи қарор ба шахсони иштироккунандаи парванда ва дигар шахсони манфиатдор дар муҳлати панҷ рӯзи баъди қабули қарор фиристода мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869).
БОБИ 34. ИСТЕҲСОЛОТ ОИД БА АЗ НАВ БАРРАСӢ НАМУДАНИ САНАДҲОИ СУДИИ ЭЪТИБОРИ ҚОНУНӢ ПАЙДОКАРДА АЗ РӮИ ҲОЛАТҲОИ НАВ ОШКОРШУДА
Моддаи 286. Ҳуқуқи суди иқтисодӣ оид ба аз нав баррасӣ намудани санадҳои судӣ аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоршуда
Суди иқтисодӣ метавонад санадҳои судии қабулшудаеро, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоршуда бо асос ва тартибе, ки боби мазкур муқаррар намудааст, аз нав баррасӣ намояд.
Моддаи 287. Судҳои иқтисодие, ки санадҳои судиро аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоршуда дида мебароянд
1. Санади судии эътибори қонунӣ пайдокардае, ки аз тарафи суди иқтисодии марҳилаи якум қабул шудааст, аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоршуда аз тарафи суде, ки ин санади судиро қабул кардааст, аз нав баррасӣ карда мешавад.
2. Аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоршуда аз нав баррасӣ намудани санадҳои судӣ, қарорҳо ва таъиноти суди марҳилаи кассатсионӣ, ки ба тариқи назоратӣ аз тарафи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади судӣ қабулшуда бо он санади судии суди иқтисодии марҳилаи якум, марҳилаи кассатсионӣ тағийр дода шуда буд ва ё санади судии нав қабул карда шуда буд, аз ҷониби суде, ки санади судиро тағийр додааст ё ин ки санади судии нав қабул кардааст, ба амал бароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869).
Моддаи 288. Асосҳои аз нав баррасӣ намудани санадҳои судӣ аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоршуда
Асосҳои аз нав баррасӣ намудани санадҳои судӣ аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоршуда инҳо мебошанд:
- ҳолатҳои ҷиддие, ки ба аризадиҳанда маълум набуданд ва маълум буда ҳам наметавонистанд;
- бо ҳукми эътибори қонунӣ пайдонамуда эътироф намудани сохтакории далелҳо, хулосаи дидаю дониста бардурӯғи эксперт, нишондоди дидаю дониста бардурӯғи шоҳид, тарҷумаи дидаю дониста нодуруст, ки боиси қабул намудани санади судии ғайриқонунӣ ва беасос доир ба ин парванда гардидааст;
- бо ҳукми судии эътибори қонунӣ пайдонамуда муқаррар намудани рафтори ҷинояткоронаи иштироккунандаи парванда ё намояндаи ӯ ё рафтори ҷинояткоронаи судя ҳангоми баррасии парвандаи мазкур;
- бекор кардани санади судии суди иқтисодӣ, ҳалнома, ҳукми судӣ ё қарори дигар мақомот, ки барои қабули санади судии парвандаи мазкур асос гардидааст;
- аз тарафи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон номувофиқ донистани қонуне, ки суди иқтисодӣ нисбат ба парвандаи мушаххас татбиқ намудааст ва вобаста ба ин қарор аризадиҳанда ба Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудааст (Қонуни ЧТ аз 30.05.2017 № 1420).
Моддаи 289. Тартиб ва мӯҳлати додани ариза дар бораи аз нав баррасӣ намудани санадҳои судӣ аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоршуда
1. Ариза дар бораи аз нав баррасӣ намудани санади судии эътибори қонунӣ пайдокарда аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоршуда ба суди иқтисодие, ки чунин санади судиро қабул кардаанд, аз тарафи шахсони иштироккунандаи парванда дар мӯҳлати на дертар аз як моҳи баъди ошкор шудани ҳолатҳои нав, ки барои аз нав баррасӣ намудани санади судӣ асос мегардад, дода мешавад. Ариза дар бораи аз нав баррасӣ намудани санади судии эътибори қонунӣ пайдокарда аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоршуда мумкин аст дар шакли электронӣ бо имзои электронии рақамии тасдиқшуда бо ҷойгир намудани он дар сомонаи судҳои иқтисодӣ пешниҳод карда шавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1931).
2. Бо дархости шахси бо ариза муроҷиаткарда мӯҳлати гузаронидашудаи ариза аз тарафи суди иқтисодӣ барқарор карда мешавад, ба шарте, ки ин дархост на дертар аз се моҳи баъди ҳолатҳои нав ошкоршуда, ки ин барои аз нав баррасӣ кардан асос мебошад, пешниҳод шуда бошад ва суди иқтисодӣ мӯҳлати гузаронидаро узрнок ҳисоб намояд.
3. Дархост оид ба барқарор намудани мӯҳлати пешниҳоди ариза дар бораи аз нав баррасӣ намудани санади судӣ аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоршуда аз тарафи суди иқтисодӣ бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 116 Кодекси мазкур баррасӣ карда мешавад.
Моддаи 290. Шакл ва мазмуни ариза
1. Ариза дар бораи аз нав баррасӣ намудани санади судӣ аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоршуда ба суди иқтисодӣ хаттӣ пешниҳод карда мешавад. Ариза аз тарафи шахсе, ки онро додааст ва ё намояндаи ваколатдори ӯ имзо карда мешавад.
2. Дар ариза дар бораи аз нав баррасӣ намудани санади судӣ аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоргардида бояд зикр гарданд:
- номи суди иқтисодие, ки ба он ариза пешниҳод шудааст;
- номи шахси аризадиҳанда ва дигар шахсони иштироккунандаи парванда, маҳалли истиқомат ё ҷойгиршавии онҳо;
- номи суди иқтисодие, ки санади судиро қабул намудааст, дар бораи аз нав баррасӣ кардани он вобаста ба ҳолатҳои нави ошкоршуда аризадиҳанда дархост кардааст; рақами парванда, санаи қабули санади судӣ; предмети баҳс;
- талаботи шахсе, ки ариза пешниҳод намудааст; ҳолатҳои нав ошкоргардида, ки бо моддаи 288 Кодекси мазкур пешбинӣ шудааст ва ба фикри аризадиҳанда бо такя ба ҳуҷҷатҳо, ки ҳолати нав ошкоргардидаро ё муқаррар кардани ин ҳолатро тасдиқ мекунад, асос барои масъалагузорӣ дар бораи аз нав дида баромадани санади судӣ аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоргардида ба шумор меравад;
- номгӯи ҳуҷҷатҳои замимагардида.
3. Дар ариза инчунин метавонад рақами телефонҳо, факс, суроғаи почтаи электронии шахсони иштироккунандаи парванда ва дигар шахсон дарҷ гардад.
4. Шахси аризадиҳанда ӯҳдадор аст ба дигар шахсони иштироккунандаи парванда нусхаи ариза ва ҳуҷҷатҳои ба он замимагаштаро, ки онҳо надоранд, ба воситаи мактуби фармоишӣ бо хабарнома фиристонад.
5. Ба ариза бояд замима гарданд:
- нусхаи ҳуҷҷатҳое, ки ҳолатҳои нав ошкоргардидаро тасдиқ менамоянд;
- нусхаи санади судие, ки аз нав дида баромадани онро аризадиҳанда дархост менамояд;
- ҳуҷҷате, ки ба дигар шахсони иштироккунандагони парванда фиристонидани нусхаи ариза ва ҳуҷҷатҳои дар онҳо набударо тасдиқ менамояд;
- ваколатнома ё дигар ҳуҷҷате, ки ваколати шахсро барои имзо кардани ариза тасдиқ менамояд.
Моддаи 291. Ба истеҳсолоти суди иқтисодӣ қабул намудани ариза
(Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776)
1. Ариза дар бораи аз нав дида баромадани санади судӣ аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоргардида, ки бо риояи талаботи муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ба шакл ва мазмуни он пешниҳодшуда ба истеҳсолоти суди иқтисодии дахлдор қабул карда мешавад. Дар ҳолати вайрон кардани талаботи зикргардида суди иқтисодӣ бо тартиби пешбининамудаи моддаи 292 Кодекси мазкур аризаро бармегардонад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
2. Масъалаи қабули ариза ба истеҳсолоти суди иқтисодӣ аз ҷониби судя танҳо дар мӯҳлати панҷ рӯзи баъди воридшавии он ба суд ҳал карда мешавад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
3. Дар бораи ба истеҳсолот қабул кардани ариза суди иқтисодӣ таъинот мебарорад. Дар таъинот вақт ва маҳалли гузаронидани маҷлиси судӣ вобаста ба баррасии ариза дарҷ карда мешавад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
4. Нусхаҳои таъинот ба шахсони иштироккунандаи парванда фиристонида мешавад.
Моддаи 292. Баргардонидани ариза дар бораи аз нав дида баромадани санади судӣ аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоргардида
1. Суди иқтисодӣ ба аризадиҳанда аризаи пешниҳодкардаи ӯро дар хусуси вобаста ба ҳолатҳои навошкоргардида аз нав дида баромадани санади судӣ бармегардонад, агар ҳангоми ба истеҳсолот қабул кардани он муқаррар кунад, ки (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776):
- ариза бо вайрон кардани қоидаҳои муқарраркардаи моддаи 287 Кодекси мазкур пешниҳод шуда бошад;
- ариза баъди хотима ёфтани мӯҳлати муқарраргардида пешниҳод шудааст ва дархост дар бораи барқароркунии мӯҳлат мавҷуд нест ё дар барқароркунии мӯҳлати гузаронидани пешниҳоди ариза рад карда шуда бошад;
- талаботи пешбининамудаи Кодекси мазкур нисбати шакл ва мазмуни ариза риоя карда нашудаанд.
2. Дар бораи баргардонидани ариза таъинот бароварда мешавад.
3. Нусхаҳои таъинот ба аризадиҳанда якҷоя бо ариза ва ҳуҷҷатҳои ба он замимагардида на дертар аз рӯзи дигари баровардани он фиристода мешавад.
4. Таъиноти суди иқтисодӣ дар бораи баргардонидани ариза мумкин аст мавриди шикоят қарор дода шавад.
Моддаи 293. Баррасии ариза ҷиҳати аз нав дида баромадани санади судӣ вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида
1. Суди иқтисодӣ ариза дар бораи аз нав дида баромадани санади судии эътибори қонунӣ пайдонамуда вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардидаро дар маҷлиси судӣ дар мӯҳлати на зиёда аз як моҳи баъди воридшавии ариза ба суди иқтисодӣ баррасӣ менамояд.
2. Аризадиҳанда ва дигар шахсони иштироккунандаи парванда оид ба вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ огоҳ карда мешаванд. Ҳозир нашудани шахсони ба таври дахлдор огоҳкардашуда барои баррасии ариза монеъ намегардад.
Моддаи 294. Санадҳои судие, ки суди иқтисодӣ дар натиҷаи баррасии ариза ҷиҳати аз нав дида баромадани санади судӣ вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида қабул менамояд
1. Вобаста ба натиҷаи баррасии ариза ҷиҳати аз нав дида баромадани санади судии эътибори қонунӣ пайдокарда аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоргардида суди иқтисодӣ, ҳалнома ё қарор дар бораи қонеъ гардонидани ариза ва бекор кардани санади судии пештар қабулкардааш аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоргардида қабул мекунад ё дар хусуси рад намудани ариза таъинот мебарорад.
2. Ҳангоми бекор кардани санади судӣ вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида парвандаро ҳамон суде, ки санади судии пештар қабулкардаашро бекор кардааст, тибқи қоидаҳои умумии муқаррарнамудаи Кодекси мазкур такроран баррасӣ менамояд.
3. Суди иқтисодӣ ҳуқуқ дорад парвандаро бевосита баъд аз бекор кардани санади судӣ дар ҳамон маҷлиси судӣ такроран баррасӣ намояд, агар шахсони иштироккунандаи парванда ва намояндагони онҳо дар маҷлиси судӣ ҳузур дошта бошанд ва нисбати моҳиятан баррасӣ намудани парванда дар ҳамон маҷлиси судӣ норозигӣ баён накарда бошанд.
4. Нусхаҳои таъинот дар бораи рад кардани ариза дар хусуси аз нав дида баромадани санади судӣ вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида ба шахсони иштироккунандаи парванда дар мӯҳлати панҷ рӯзи баъди қабули он фиристонида мешавад.
5. Ҳалнома ё қарори суди иқтисодӣ дар бораи бекор кардани санади судӣ вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида ва таъинот дар бораи рад кардани ариза ҷиҳати аз нав дида баромадани санади судӣ вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида метавонанд мавриди шикоят қарор гиранд.
ФАСЛИ VII. БАРРАСИИ ПАРВАНДАҲО ВОБАСТА БА ИҶРОИ САНАДҲОИ СУДИИ СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ
Моддаи 295. Тартиби иҷро намудани санадҳои судии судҳои иқтисодӣ
1. Санадҳои судии судҳои иқтисодӣ, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, ба истиснои ҳолатҳои иҷрои фаврӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи истеҳсолоти иҷро" иҷро карда мешаванд.
2. Иҷрои маҷбурии санади судӣ дар асоси варақаи иҷрои суди иқтисодӣ анҷом дода мешавад.
Моддаи 296. Додани варақаи иҷро
(Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776)
1. Варақаи иҷро барои иҷрои ҳалнома, таъинот ё қарори суд аз ҷониби суд дода мешавад (қонуни ҶТ  аз 02.04.2020 № 1687).
2. Варақаи иҷро баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани санади судӣ дода мешавад, ба истиснои ҳолатҳои иҷрои фаврӣ. Дар ин ҳолатҳо варақаи иҷро дарҳол баъди баровардани чунин санади судӣ ё нигаронидани он барои иҷрои фаврӣ дода мешавад. Варақаи иҷро ба ситонанда супорида мешавад ё бо дархости ӯ бевосита аз ҷониби суди иқтисодӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи истеҳсолоти иҷро" барои иҷро фиристонида мешавад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776, аз 02.04.2020 № 1687).
3. Вобаста ба ҳар як санади судӣ як варақаи иҷро дода мешавад, агар дар моддаи мазкур тартиби дигар муқаррар нашуда бошад.
4. Дар ҳолатҳое, ки агар санади судӣ ба манфиати якчанд даъвогар ё зидди якчанд ҷавобгар қабул шуда бошад ё агар иҷро дар маҳалҳои гуногун бояд анҷом дода шавад, аз ҷониби суди иқтисодӣ дар асоси дархости ситонанда якчанд варақаи иҷро дода мешавад, ки дар ҳар кадоми онҳо маҳалли иҷро ё ҳамон қисми санади судӣ, ки бо ин варақаи иҷро бояд иҷро гардад, дақиқ дарҷ карда мешавад.
5. Дар асоси санади судӣ оид ба ситонидани маблағҳои пулӣ аз ҷавобгарони муштарак тибқи дархости ситонанда суди иқтисодӣ метавонад вобаста ба теъдоди ҷавобгарони муштарак якчанд варақаи иҷро диҳад ва дар ҳар яки он маблағи умумии ситонидашаванда, номгӯи ҳамаи ҷавобгарон ва ҷавобгарии муштараки онҳо дарҷ гардад.
Моддаи 297. Додани нусхаи дигари варақаи иҷро
1. Ҳангоми гум кардани варақаи иҷро суди иқтисодие, ки санади судиро баровардааст, метавонад дар асоси аризаи ситонанда нусхаи дигари варақаи иҷроро диҳад.
2. Аризаи ситонанда дар бораи додани нусхаи дигари варақаи иҷро то хотима ёфтани мӯҳлати муқарраркарда барои пешниҳоди варақаи иҷро дода мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар варақаи иҷро, аз ҷониби иҷрочии мақомоти иҷро ё дигар шахсе, ки иҷрои варақаи иҷро ба зиммааш буд, гум карда шудааст ва ба ситонанда дар ин бора пас аз гузаштани мӯҳлати муқарраргардида барои пешниҳоди варақаи иҷро барои иҷро маълум гашта бошад. Дар ин ҳолатҳо ариза дар бораи додани нусхаи дигари варақаи иҷро мумкин аст дар муддати се моҳ аз рӯзи ба ситонанда маълум гардидани гум шудани варақаи иҷро пешниҳод карда шавад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776, аз 02.04.2020 №1687, аз 02.04.2020 № 1687).
3. Аризаи ситонанда дар хусуси додани нусхаи варақаи иҷроро суди иқтисодӣ дар маҷлиси судӣ дар мӯҳлати на зиёда аз даҳ рӯзи баъди ба суд ворид шудани ариза баррасӣ мекунад. Шахсони иштироккунандаи парванда оид ба вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ огоҳ карда мешаванд. Ҳозир нашудани шахсони ба таври дахлдор огоҳкардашуда барои баррасии ариза монеъ намегардад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
4. Нисбати таъиноти суди иқтисодӣ дар бораи додан ё надодани нусхаи варақаи иҷро шикоят кардан мумкин аст.
Моддаи 297(1). Барқарор намудани мӯҳлати гузаронидашуда ҷиҳати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои иҷро барои иҷро
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869)
1. Барои ситонандагоне, ки мӯҳлати пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои иҷроро барои иҷро бо сабабҳои аз ҷониби суди иқтисодӣ узрнок эътирофгардида гузаронидаанд, мӯҳлати гузаронидашуда метавонад барқарор карда шавад, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
2. Ариза оид ба барқарор намудани мӯҳлати гузаронидашуда ба суди иқтисодие, ки ҳуҷҷати иҷроро додааст ё ба суди иқтисодии маҳалли иҷро пешниҳод карда мешавад. Ариза тибқи тартиби пешбининамудаи моддаи 116 Кодекси мазкур баррасӣ мегардад.
3. Нисбат ба таъинот дар бораи барқарор намудани мӯҳлати гузаронидашуда шахсони иштироккунандаи парванда метавонанд шикоят пешниҳод намоянд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869).
Моддаи 297(2). Тавзеҳи санади судии суди иқтисодие, ки бояд иҷро карда шавад
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869)
Ҳангоми носаҳеҳ будани санади судии суди иқтисодӣ, ки дар асоси он ҳуҷҷати иҷро дода шудааст, иҷрочии мақомоти иҷро ҳуқуқ дорад ба суде, ки ин санади судиро қабул кардааст, ҷиҳати тавзеҳи санади судӣ муроҷиат кунад. Тавзеҳи санади судии суди иқтисодӣ тибқи қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 177 Кодекси мазкур дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869, аз 02.04.2020 № 1687).
Моддаи 298. Ба таъхир андохтан ё дароз намудани мӯҳлати иҷрои санади судӣ, тағйир додани усул ва тартиби иҷрои он
1. Ҳангоми мавҷудияти ҳолатҳое, ки иҷрои санади судиро мушкил мегардонад, суди иқтисодие, ки варақаи иҷроро додааст, дар асоси аризаи ситонанда, қарздор ё иҷрочии мақомоти иҷро ҳуқуқ дорад иҷрои санади судиро ба таъхир андозад ё мӯҳлати иҷроро дароз намояд, усул ва тартиби иҷрои онро тағйир диҳад (Қонуни ҶТ аз 02.04.2020 № 1687).
2. Ариза дар бораи ба таъхир андохтан ё дароз намудани мӯҳлати иҷрои санади судӣ дар бораи тағйир додани усул ва тартиби иҷрои он аз ҷониби суди иқтисодӣ дар мӯҳлати як моҳи баъди ба суди иқтисодӣ ворид гаштани ариза дар маҷлиси судӣ бо огоҳ кардани ситонанда, қарздор ва иҷрочии мақомоти иҷро баррасӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 02.04.2020 № 1687).
3. Ҳозир нашудани шахсони зикргардида, ки ба таври дахлдор дар бораи вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ огоҳ карда шудаанд, барои баррасии ариза монеъ намегардад.
4. Оид ба натиҷаи баррасии ариза таъинот бароварда мешавад.
5. Нусхаҳои таъинот ба ситонанда, қарздор ва иҷрочии мақомоти иҷро фиристонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 02.04.2020 № 1687).
6. Дар ҳолатҳои барои қарздор ба таъхир андохтан ё дароз намудани мӯҳлати иҷрои санади судӣ дар асоси аризаи ситонанда суди иқтисодӣ ҳуқуқ дорад оид ба таъмини иҷрои санади судӣ тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи боби 8 ҳамин Кодекс, тадбирҳо андешад.
7. Нисбати таъиноти суди иқтисодӣ дар бораи ба таъхир андохтан ё дароз намудани мӯҳлати иҷрои санади судӣ, дар хусуси тағйир додани усул ва тартиби иҷрои он ё дар бораи рад кардани ариза дар бораи ба таъхир андохтан ё дароз намудани мӯҳлати иҷрои санади судӣ, дар хусуси тағйир додани усул ва тартиби иҷрои он шикоят кардан мумкин аст.
Моддаи 299. Баргардонидани иҷрои санади судӣ
1. Агар санади судии иҷрокардашуда пурра ё қисман бекор шуда бошад ва санади нави судӣ дар бораи пурра ё қисман рад кардани даъво қабул гардида бошад ё даъво бе баррасӣ мононда шуда бошад ё истеҳсолоти парванда қатъ шуда бошад, ба ҷавобгар ҳама чизе, ки аз ӯ ба фоидаи даъвогар мутобиқи санади судии бекоргардида ё дар қисми дахлдор тағйирдода ситонида шуда буд, баргардонида мешавад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776).
2. Агар санади судии иҷронакарда пурра ё қисман бекор карда, санади нави судӣ дар бораи пурра ё қисман рад кардани даъво қабул гардида бошад ё даъво пурра ё қисман баррасӣ нашуда ё баррасии парванда қатъ гардида бошад, суди иқтисодӣ санади судиро дар бораи пурра ё қисман қатъ кардани ситониш аз рӯи қисми дахлдори санади судии бекоршуда қабул мекунад.
Моддаи 300. Ҳалли масъала дар хусуси баргардонидани иҷрои санади судӣ
1. Масъалаи баргардонидани иҷрои санади судӣ аз ҷониби суди иқтисодие, ки санади нави судӣ қабул кардааст ва ба он санади судии пештар қабулгардида бекор карда ва тағйир дода шудааст, ҳал карда мешавад.
2. Агар дар қарор дар бораи бекор кардан ё тағйир додани санади судӣ дар хусуси баргардонидани иҷрои он дарҷ нашуда бошад, ҷавобгар ҳуқуқ дорад аризаи дахлдорро ба суди иқтисодии марҳилаи якум пешниҳод намояд.
3. Ариза дар хусуси баргардонидани иҷрои санади судӣ тибқи қоидаи муқаррарнамудаи моддаи 298 Кодекси мазкур баррасӣ карда мешавад.
4. Таъиноти суди иқтисодӣ дар хусуси баргардонидани иҷрои санади судӣ ё рад кардани баргардонидани иҷро мавриди шикоят қарор гирифта метавонад.
5. Суди иқтисодии марҳилаи якум барои баргардонидани маблағи пулӣ, молумулк ё арзиши ситонидашудаи он тибқи аризаи ташкилот, шаҳрванд варақаи иҷро медиҳад. Ба ариза ҳуҷҷате, ки иҷрои санади судии пештар иҷрогардидаро тасдиқ мекунад, замима мегардад.
Моддаи 300(1). Ӯҳдадории судяи суди иқтисодӣ ҷиҳати боздоштани истеҳсолоти иҷро
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869)
Судяи суди иқтисодӣ ӯҳдадор аст истеҳсолоти иҷроро дар ҳолатҳои зерин боздорад:
- фавти қарздор, фавтида эълон намудан ё бедарак ғоибшуда эътироф намудани қарздор, агар муносибатҳои ҳуқуқии муқаррарнамудаи суд вориси ҳуқуқиро иҷозат диҳад;
- ғайри қобили амал эътироф кардани қарздор;
- иштироки қарздор дар амалиёти ҷангӣ дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтаанд ё бо хоҳиши ситонанда, ки таҳти ҳамин шароит қарор дорад;
- пешниҳоди даъво дар бораи аз ҳабс озод кардани (аз рӯйхат баровардани) молу мулке, ки мутобиқи ҳуҷҷати иҷро аз он ситонидан сурат мегирад;
- аз ҷониби қарздор бо тартиби суди мавриди баҳс қарор додани ҳуҷҷати иҷро, агар чунин баҳсро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода бошад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869).
Моддаи 300(2). Ҳуқуқи судяи суди иқтисодӣ ҷиҳати боздоштани истеҳсолоти иҷро
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869)
Судяи суди иқтисодӣ метавонад истеҳсолоти иҷроро дар ҳолатҳои зерин боздорад:
- азнавташкилдиҳии ташкилоте, ки қарздор мебошад;
- хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1857);
- дар сафари тӯлонии хизматӣ қарор доштани қарздор;
- дар муассисаи статсионарӣ таҳти муолиҷа қарор доштани қарздор;
- кофтукови қарздор ва молу мулки ӯ;
- хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1857);
- пешниҳоди шикоят нисбат ба амали (беамалии) иҷрочии мақомоти иҷро ё дар бораи аз ҷониби ӯ рад кардани амали иҷро (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869, аз 02.04.2020 № 1687).
Моддаи 300(3). Мӯҳлати боздоштани истеҳсолоти иҷро
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869)
1. Истеҳсолоти иҷро дар ҳолатҳои зерин боздошта мешавад:
- дар ҳолатҳои пешбининамудаи сархатҳои якум ва дуюми моддаи 300(1), сархати якуми моддаи 300(2) ҳамин Кодекс - то муайян намудани вориси ҳуқуқии қарздор, аз ҷониби суд додани молу мулки шахси бедарак ғоибшуда ба идоракунандае, ки мақомоти васоят ва парасторӣ таъин намудааст ё ба қарздори ғайри қобили амал таъин намудани васӣ ё ба охир расонидани азнавташкилдиҳии ташкилот;
- дар ҳолатҳои пешбининамудаи сархати сеюми моддаи 300(1), сархатҳои дуюм, сеюм ва чоруми моддаи 300(2) ҳамин Кодекс - то баргаштан аз сафари хизматӣ, баромадан аз муассисаи муолиҷавӣ ё ба охир расидани кофтукови қарздор ё молу мулки ӯ(Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1857);
- дар ҳолатҳои пешбининамудаи сархатҳои чорум ва панҷуми моддаи 300(1), сархати панҷуми моддаи 300(2) ҳамин Кодекс - то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома ё таъинот дар хусуси рад намудани қонеъгардонии даъво ё шикоят(Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1857).
- хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1857).
2. Истеҳсолоти иҷро мутобиқи аризаи ситонанда ё бо ташаббуси суд ё иҷрочии мақомоти иҷро баъди бартараф намудани ҳолатҳое, ки боиси боздоштани он гардидаанд, аз нав оғоз карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 02.04.2020 № 1687).
3. хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1857).
Моддаи 300(4). Қатъ намудани истеҳсолоти иҷро
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869)
1. Истеҳсолоти иҷро дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад, агар:
- ситонанда аз ситонидан ё аз қабули молу мулке, ки ҳангоми иҷрои ҳалнома аз қарздор ҷиҳати супоридани он ба ситонанда гирифта шудааст, даст кашида бошад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1857);
- ситонанда ва қарздор созиши оштӣ баста бошанд ва онро суд тасдиқ карда бошад;
- молу мулки ташкилоти барҳамхӯрда барои қонеъгардонии талаботи ситонанда нокифоя бошад;
- барои чунин навъи ситонидан мӯҳлати даъвои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта бошад;
- ҳалномае, қи дар асоси он ҳуҷҷати иҷро дода шудааст, бекор карда шуда бошад.
2. Ҳангоми аз ситонидан даст кашидани ситонанда ва бастани созиши оштӣ байни ситонанда ва қарздор коидаҳои пешбининамудаи моддаи 138 Кодекси мазкур татбиқ мегарданд.
3. Ҳангоми мавҷуд будани асосҳо барои қатъ кардани истеҳсолоти иҷро, иҷрочии мақомоти иҷро варақаи иҷроро бо сабти дахлдор ба суди иқтисодие, ки варақаи иҷроро додааст, ирсол менамояд. Чораҳои дигари таъинкардаи иҷрочии мақомоти иҷро оид ба таъмини иҷро бекор карда мешаванд. Истеҳсолоти иҷрои қатъгардида наметавонад аз нав оғоз карда шавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869, аз 02.04.2020 № 1687).
Моддаи 301. Баррасии масъалаҳо дар бораи боздоштан, аз нав оғоз кардан ва қатъ кардани истеҳсолоти иҷро
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869)
1. Суди иқтисодӣ тибқи аризаи ситонанда, қарздор, иҷрочии мақомоти иҷро истеҳсолоти иҷроро, ки иҷрочии мақомоти иҷро  дар асоси варақаи иҷрои суди иқтисодӣ дода, оғоз кардааст, дар ҳолатҳои пешбиникардаи қонун, метавонад боздорад ё қатъ намояд (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 776, аз 02.04.2020 № 1687).
2. Боздоштан ё қатъ кардани истеҳсолоти иҷро аз ҷониби суди иқтисодие, ки варақаи иҷроро додааст ё аз ҷониби суди иқтисодии маҳалли ҷойгиршавии иҷрочии мақомоти иҷро анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 02.04.2020 № 1687).
3. Ариза дар бораи боздоштан ё қатъ намудани истеҳсолоти иҷро дар мӯҳлати даҳ рӯз бо тартиби муқарраркардаи моддаи 298 Кодекси мазкур баррасӣ карда мешавад.
4. Нисбати таъиноти суди иқтисодӣ дар хусуси боздоштан ё қатъ кардани истеҳсолоти иҷро ё рад кардани боз доштан ё қатъ кардани истеҳсолоти иҷро шикоят кардан мумкин аст.
5. Суди иқтисодие, ки истеҳсолоти иҷроро боздошта буд, онро дар асоси аризаи ситонанда, қарздор, иҷрочии мақомоти иҷро  баъд аз баратараф кардани сабабҳо ё ҳолатҳое, ки асоси боздоштани пешбурди иҷро буданд, аз нав оғоз менамояд (Қонуни ҶТ аз 02.04.2020 № 1687).
6. Дар бораи аз нав оғоз кардани истеҳсолоти иҷро таъинот бароварда мешавад. Нусхаи таъинот ба ситонанда, қарздор ва иҷрочии мақомоти иҷро фиристонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1857).
Моддаи 302. хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869)
Моддаи 303. Шикоят нисбат ба қарор, амали (беамалии) иҷрочии мақомоти иҷро
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869, аз 02.04.2020 № 1687)
Ситонанда ё қарздор метавонад нисбат ба қарор, амали (беамалии) иҷрочии мақомоти иҷро оид ба иҷрои санадҳои судии суди иқтисодӣ ё рад кардани иҷрои чунин амалҳо шикоят пешниҳод намояд. Шикоят ба суди иқтисодие, ки дар ҳудуди фаъолияти он иҷрочии мақомоти иҷро ӯҳдадориҳои худро анҷом медиҳад, дар мӯҳлати даҳ рӯз аз рӯзи қабули қарор, амал (беамалӣ), рад кардани иҷрои чунин амалҳо ё аз рӯзе, ки ситонанда ё қарздор аз қабули қарор, амал (беамалӣ) ё рад кардани иҷрои чунин амалҳо аз тарафи иҷрочии мақомоти иҷро огоҳӣ ёфтаанд, пешниҳод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869, аз 02.04.2020 № 1687).
Моддаи 304. Мӯҳлат ва тартиби баррасии шикоят нисбат ба қарор, амали (беамалии) иҷрочии мақомоти иҷро
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869, аз 02.04.2020 № 1687)
Шикоятро суди иқтисодӣ нисбат ба қарор, амали (беамалии) иҷрочии мақомоти иҷро ё рад кардани иҷрои чунин амалҳо дар мӯҳлати даҳ рӯз бо иштироки ситонанда, қарздор ва иҷрочии мақомоти иҷро баррасӣ мекунад. Ба маҷлиси судии суди иқтисодӣ ҳозир нашудани шахсони зикргардида, ки ба таври дахлдор оид ба вақт ва маҳалли баргузории маҷлиси судӣ огоҳ гардидаанд, барои баррасии шикоят монеа шуда наметавонад. Вобаста ба натиҷаи баррасии шикоят ҳалнома қабул карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 869, аз 02.04.2020 № 1687).
Моддаи 305. Ҷавобгарӣ барои гум кардани варақаи иҷро
Нисбат ба шахсе, ки барои гум кардани варақаи иҷро аз ҷониби суди иқтисодӣ барои иҷро додашуда гунаҳкор аст, суди иқтисодӣ ҳуқуқ дорад бо тартиб ва ба андозаи муқарраркардаи боби 11 Кодекси мазкур ҷаримабандӣ намояд.
Моддаи 306. Ҷавобгарӣ барои иҷро накардани санади судӣ аз ҷониби бонк ё дигар ташкилоти кредитӣ ва дигар шахсон
1. Барои иҷро накардани санади судии суди иқтисодӣ оид ба ситонидани маблағҳои пулии қарздор аз ҷониби бонк ё дигар ташкилоти кредитии хизматрасонӣ ҳисобномаҳои қарздор, ҳангоми дар ҳисобномаи қарздор мавҷуд будани маблағи пулӣ ва аз ҷониби ситонанда ба онҳо барои иҷро пешниход намудани варақаи иҷро суди иқтисодӣ метавонад онҳоро тибқи қоидаҳои боби 11 Кодекси мазкур ба андозаи муқаррарқарнамудаи қонун ҷаримабандӣ намояд.
2. Барои иҷро накардани амали дар варақаи иҷро дарҷгардида аз ҷониби шахсе, ки иҷрои чунин амал ба зиммаи ӯ гузошта шудааст, нисбати ин шахс суди иқтисодие, ки варақи иҷроро додааст, метавонад тибқи тартиб ва ба андозаи муқарраркардаи боби 11 Кодекси мазкур ҷарима бандад.
3. Ҷаримаи судиро супурдани шахс ӯро аз ӯҳдадории иҷрои санади судӣ озод намекунад.
4. Масъалаи ҷаримабандии судиро суди иқтисодӣ дар асоси аризаи ситонанда бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур баррасӣ менамояд.