ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1831 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ» Маҷлиси Олии ҶТ 23.12.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1845 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИСТИФОДАИ ЭНЕРГИЯИ АТОМӢ» Маҷлиси Олии ҶТ 23.12.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1822 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ» Маҷлиси Олии ҶТ 23.12.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon PDF Package icon ZIP

КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 16/01/2020 - 16:12
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
КОДЕКС
Рақам: 
341
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
05.01.2008
КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ МАДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2008, №1, қ.1, мод.б, мод.7; с.2010, №1, мод.6; с.2012, №7, мод.721; с.2014, №7, қ.1, мод.388, №12; мод.821; с.2015, №11, мод.953; с.2016, №5, мод.360; с.2018, №1, мод.6; с.2019, №1, мод.6, №6, мод.314)
(Қонуни ҶТ аз 12.01.2010 № 582, аз 03.07.2012 № 871, аз 26.07.2014 № 1091, аз 31.12.2014 № 1167, аз 23.11.2015 № 1232, аз 14.05.2016 № 1309, аз 2.01.2018 № 1474, аз 2.01.2019 № 1559, аз 20.06.2019 № 1612, аз 04.07.2020 № 1697, аз 23.12.2021 № 1817, аз 18.03.2022 № 1855, аз 18.03.2022 № 1856, аз 19.07.2022 № 1898, аз 24.12.2022 № 1930, аз 13.11.2023 № 1987, аз 03.01.2024 № 2022)
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022)
ФАСЛИ I МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ АСОСӢ
Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи судии маданӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022)
1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи судии маданӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон", ҳамин Кодекс, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад. Муқаррароти мурофиаи судии маданӣ, ки дар дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ мешаванд, бояд ба муқаррароти асосии ҳамин Кодекс мутобиқ бошанд (Қонуни ҶТ аз  2.01.2018 № 1474, аз 03.01.2024 № 2022).
2. Дар ҳолати ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накардани меъёрҳои қонунгузории мурофиавии судии маданӣ меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
Моддаи 2. Амали қонунгузории мурофиавии судии маданӣ дар замон
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022)
1. Мурофиаи судии маданӣ тибқи қонунҳои мурофиавии мадание, ки ҳангоми баррасӣ ва ҳалли парвандаҳои маданӣ, содир намудани амали ҷудогонаи мурофиавӣ ё иҷрои санадҳои судӣ (фармон, ҳалнома, қарор, таъинот) ва санадҳои мақомоти дигар амал мекунанд, татбиқ мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
2. Дар сурати мавҷуд набудани меъёрҳои ҳуқуқи мурофиавӣ, ки муносибатҳои дар мурофиаи судӣ бавуҷудояндаро танзим менамоянд, суд меъёрҳоеро, ки муносибатҳои шабеҳро танзим менамоянд (қиёси қонун) ва ҳангоми мавҷуд набудани чунин меъёр дар асоси принсипҳои татбиқи адолати судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (қиёси ҳуқуқ) - ро татбиқ менамояд.
Моддаи 3. Вазифаҳои мурофиаи судии маданӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022)
Вазифаҳои мурофиаи судии маданӣ аз дуруст ва саривақт баррасӣ ва ҳал намудани парвандаҳои маданӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии вайронгардида ё мавриди баҳс қарордоштаи шаҳрвандон (шахсони воқеӣ), шахсони ҳуқуқӣ, инчунин ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони дигар, ки субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқии маданӣ, меҳнатӣ, оилавӣ, манзил, замин, экологӣ ва дигар муносибатҳои ҳуқуқӣ мебошанд, иборат аст. Мурофиаи судии маданӣ ба таҳкими адолат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, ташаккули муносибати эҳтиромона ба ҳуқуқ ва суд бояд мусоидат намояд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
Моддаи 4. Ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ
1. Ҳар шахси манфиатдор тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии судии маданӣ барои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии вайронгардида ё мавриди баҳс қарордоштаи худ ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ дорад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
2. Аризаи даъвогӣ (ариза), шикоят, эътироз, дархост, пешниҳод ва дигар ҳуҷҷатҳои замимашаванда метавонанд ба судҳо дар шакли хаттӣ ва (ё) электронӣ пешниҳод карда шаванд. Ҳуҷҷатҳо дар шакли электронӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзои электронии рақамии тасдиқшуда дар сомонаи судҳо ҷойгир карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1930).
Моддаи 5. Оғоз намудани парвандаи маданӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022)
1. Суд парвандаи маданиро дар асоси аризаи шахсе, ки барои ҳимояи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии худ муроҷиат кардааст, оғоз менамояд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
2. Дар мавридҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс, дигар қонунҳо парвандаи маданӣ мумкин аст дар асоси аризаи шахсе, ки аз номи худ барои ҳимояи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии вайроншуда ва мавриди баҳс қарордоштаи шахсони дигар, барои ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои доираи номуайяни шахсон ё ин ки барои ҳимояи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад мекунад, оғоз гардад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
Моддаи 6. Амалӣ намудани адолати судӣ
Адолати судӣ оид ба парвандаҳои маданӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии судии маданӣ танҳо аз ҷониби суд амалӣ мегардад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
Моддаи 7. Баробарии ҳама дар назди қонун ва суд
Адолати судӣ оид ба парвандаҳои маданӣ дар асоси баробарии ҳама дар назди қонун ва суд қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, инчунин ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, шакли моликият, маҳалли ҷойгиршавӣ, тобеият ва дигар ҳолатҳо амалӣ мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
Моддаи 8. Баррасии парвандаҳои маданӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022)
1. Парвандаҳои маданӣ дар ҳамаи судҳои марҳилаи якум аз ҷониби судя танҳо баррасӣ мешаванд.
2. Дар ҳолате, ки агар ҳамин Кодекс ба судя ҳуқуқи танҳо баррасӣ намудани парвандаи маданӣ ё содир намудани амали ҷудогонаи мурофиавиро дода бошад, судя аз номи суд амал мекунад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
3. Парвандаҳои маданӣ дар марҳилаҳои кассатсионӣ ва назоратӣ аз ҷониби суд тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ва қонун ба таври дастҷамъӣ баррасӣ мегарданд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
Моддаи 9. Мустақилияти судяҳо
1. Ҳангоми амалӣ намудани адолати судӣ судяҳо мустақил буда, танҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонун итоат мекунанд (Қонуни ҶТ аз  2.01.2018 № 1474).
2. Ҳангоми амалӣ намудани адолати судӣ ҳама гуна дахолат ба фаъолияти судяҳо манъ аст. Тибқи қонун ҳар гуна дахолат ба фаъолияти судяҳо боиси ҷавобгарӣ мегардад.
3. Кафолати мустақилияти судяҳоро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонун муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз  2.01.2018 № 1474).
Моддаи 10. Забони мурофиаи судии маданӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022)
1. Мурофиаи судӣ оид ба парвандаҳои маданӣ ба забони давлатӣ ё забони аксарияти аҳолии маҳал сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
2. Шахсони иштирокчии парванда, ки забони давлатиро намедонанд, ҳуқуқ доранд бо забони модариашон дар мурофиаи судӣ баёнот ва хулоса диҳанд, баромад ва пешниҳодҳо кунанд, инчунин аз хизмати тарҷумон истифода намоянд.
3. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки далелҳои хаттӣ ва дигар далелҳоро пешниҳод менамоянд, вазифадоранд тарҷумаи онҳоро ба забони мурофиаи судии маданӣ ва бо тасдиқи дуруст буданашон тибқи тартиби муқарраргардида таъмин намоянд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
Моддаи 11. Ошкоро будани муҳокимаи судӣ
1. Муҳокимаи парванда дар ҳамаи судҳо ба таври ошкоро сурат мегирад.
2. Муҳокима дар маҷлиси пӯшидаи судӣ оид ба парвандаҳои дорои маълумоти сирри давлатӣ, инчунин оид ба дигар парвандаҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст, гузаронида мешавад. Муҳокима дар маҷлиси пӯшидаи судӣ, инчунин ҳангоми қонеъ намудани дархости шахсони иштирокчии парванда, ки ба зарурати нигоҳ доштани сирри тиҷоратӣ ё дигар сирре, ки қонун ҳифз менамояд, ишора мекунанд, ба дахлнопазирии ҳаёти шахсии шаҳрвандон ё дигар ҳолатҳое, ки ошкоро муҳокима намудани онҳо барои баррасии дурусти парванда халал мерасонанд ва ё боиси ифшои сирри зикршуда ё вайрон шудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон мегарданд, имконпазир аст.
3. Муросилот ва мухобироти шахсии шаҳрвандон метавонад дар маҷлиси кушодаи судӣ танҳо бо иҷозати шахсоне, ки байни онҳо чунин муросилот ва мухобироти шахсӣ сурат гирифтааст, эълон ва таҳқиқ карда шавад. Бе иҷозати ин шахсон муросилот ва мухобироти шахсии онҳо танҳо дар маҷлиси пӯшидаи судӣ эълон ва таҳқиқ карда мешавад. Қоидаҳои зикргардида инчунин ҳангоми таҳқиқи сабтҳои аудио ва видеоии дорои хусусияти шахсӣ татбиқ мегарданд.
4. Суд оид ба муҳокимаи парванда дар маҷлиси пӯшидаи судӣ таъиноти асоснок қабул менамояд.
5. Ҳангоми муҳокимаи парванда дар маҷлиси пӯшидаи судӣ шахсони иштирокчии парванда, намояндаҳои онҳо ва дар ҳолатҳои зарурӣ, инчунин шоҳидон, тарҷумонҳо, коршиносони судӣ, мутаххасисон иштирок мекунанд. Дар маҷлиси пӯшидаи судӣ истифодаи воситаҳои сабти аудио ва видео иҷозат дода намешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1930).
6. Парванда дар маҷлиси пӯшидаи судӣ бо риояи ҳамаи қоидаҳои мурофиаи судии маданӣ баррасӣ ва ҳал карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
7. Шахсони иштирокчии парванда, дигар шахсони иштирокчии мурофиа, намояндаи ташкилотҳо ва шаҳрвандони дар маҷлиси кушодаи судӣ ҳузурдошта ҳуқуқ доранд дар шакли хаттӣ ҷараёни муҳокимаи судиро сабт кунанд. Истифодаи воситаҳои аксбардорӣ, сабти аудио, видео, пахши ҷараёни маҷлиси судӣ тариқи радио, телевизион ва шабакаи интернет танҳо бо иҷозати суд роҳ дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1856, аз 24.12.2022 № 1930).
8. Ҳалнома ошкоро эълон карда мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки эълони ошкорои ҳалнома ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ноболиғон, ҳаёти шахсии шаҳрвандонро халалдор мекунад.
Моддаи 12. Cанадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки суд ҳангоми ҳалли парвандаҳои маданӣ татбиқ менамояд
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022)
1. Суд ӯҳдадор аст парвандаҳоро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мазкур, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ҳал намояд. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ суд парвандаҳои маданиро тибқи талаботи анъанаҳои муомилоти корӣ ҳал мекунад (Қонуни ҶТ аз  2.01.2018 № 1474, аз 03.01.2024 № 2022).
2. Суд ҳангоми ҳалли парванда, агар муқаррар намояд, ки ин ё он санади меъёрии ҳуқуқӣ ба санади меъёрии ҳуқуқие, ки эътибори бештари ҳуқуқӣ дорад, мутобиқ намебошад, меъёрҳои он санадҳои ҳуқуқиеро татбиқ менамояд, ки дорои эътибори бештари ҳуқуқӣ мебошанд.
3. Дар сурати мавҷуд набудани меъёрҳои ҳуқуқие, ки муносибатҳои баҳснокро танзим менамоянд, суд меъёрҳои қонунеро, ки муносибатҳои шабеҳро (қиёси қонун) танзим менамоянд, татбиқ мекунад ва ҳангоми мавҷуд набудани чунин меъёрҳо парвандаро дар асоси принсипҳои умумӣ ва мӯҳтавои қонунгузорӣ (қиёси ҳуқуқ) ҳал менамояд.
Моддаи 13. Татбиқи адолати судӣ дар асоси мубоҳиса ва баробарҳуқуқии тарафҳо
1. Адолати судӣ оид ба парвандаҳои маданӣ дар асоси мубоҳиса ва баробарҳуқуқии тарафҳо ба амал бароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
2. Суд мустақилият, беғаразӣ ва холисии худро нигоҳ дошта, роҳбарии мурофиаро анҷом медиҳад, ба шахсони иштирокчии парванда ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳояшонро фаҳмонида, оид ба оқибатҳои содир кардан ё накардани амалҳои мурофиавӣ огоҳ месозад, ба онҳо дар татбиқи ҳуқуқҳояшон мусоидат намуда, барои таҳқиқи ҳамаҷониба ва пурраи далелҳо, муқаррар намудани (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
Моддаи 14. Санадҳои судӣ
1. Суд санадҳои судиро дар шакли фармон, ҳалнома, қарор ва таъинот қабул мекунад.
2. Санади судие, ки суди марҳилаи якум дар асоси ариза оид ба ситонидани маблағи пулӣ ё талаб карда гирифтани молу мулки манқул аз қарздор мутобиқи талаботи пешбининамудаи моддаи 124 ҳамин Кодекс қабул намудааст, фармон номида мешавад.
3. Санади судие, ки суди марҳилаи якум ҳангоми моҳиятан ҳал намудани парванда қабул намудааст, ҳалнома номида мешавад.
4. Санади судие, ки судҳои марҳилаҳои кассатсионӣ ва назоратӣ оид ба натиҷаҳои баррасии шикояту эътирозҳои кассатсионӣ ва назоратӣ қабул намудаанд, қарор номида мешавад.
5. Ҳамаи дигар санадҳои судие, ки дар ҷараёни мурофиаи судӣ қабул мегарданд, таъинот номида мешаванд.
6. Санадҳои судӣ дар шакли хаттӣ қабул карда мешаванд. Санадҳои судӣ, ба истиснои санадҳои судие, ки дорои маълумоти сирри давлатӣ ё дигар сирри бо қонун ҳифзшаванда мебошанд ва (ё) парванда дар мурофиаи пӯшидаи судӣ баррасӣ гардида бошад, метавонанд дар шакли электронӣ тартиб дода шаванд, ки онҳо бо имзои электронии рақамии судя ё ҳайати суд тасдиқ карда мешаванд. Ҳангоми дар шакли электронӣ тартиб додани санади судӣ нусхаи он иловатан дар шакли коғазӣ чоп карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1930).
Моддаи 15. Ҳатмӣ будани санадҳои судӣ
1. Санадҳои судие, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, бидуни истисно барои ҳамаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳатмӣ буда, бояд дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бемамоният иҷро карда шаванд.
2. Иҷро накардани санади судӣ, ҳамчунин дигар зуҳуроти беэҳтиромӣ нисбат ба суд боиси ҷавобгарии пешбининамудаи қонун мегардад.
3. Ҳатмӣ будани санадҳои судӣ шахсони манфиатдореро, ки иштирокчии парванда намебошанд, аз имконияти муроҷиат ба суд маҳрум намесозад, агар санади қабулнамудаи суд ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо дахолат намояд.
4. Ҳатмӣ будани иҷрои санадҳои судии судҳои давлатҳои хориҷӣ ва судҳои ҳакамии хориҷӣ (арбитражҳо) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, муайян мегардад.
БОБИ 2. ҲАЙАТИ СУД. РАД НАМУДАН
Моддаи 16. Ҳайати суд
1. Дар ҳамаи судҳои марҳилаи якум парвандаҳои маданӣ аз ҷониби судяҳо танҳо баррасӣ мешаванд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
2. Ҳангоми танҳо баррасӣ намудани парванда судя аз номи суд амал мекунад.
3. Парвандаҳо дар коллегияҳои судии судҳои дахлдор тибқи тартиби кассатсионӣ ва назоратӣ дар ҳайати раисикунанда ва ду судя баррасӣ карда мешаванд.
4. Парвандаҳо дар раёсатҳои судҳои дахлдор тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ва қонун баррасӣ карда мешаванд.
Моддаи 17. Тартиби ҳалли масъалаҳо аз ҷониби суд
1. Маҷлиси судиро раисикунанда (судя) роҳбарӣ менамояд.
2. Ҳамаи масъалаҳое, ки ҳангоми муҳокимаи парванда дар суди марҳилаи якум ба миён меоянд, аз ҷониби судя ҳал мегарданд.
3. Ҳангоми муҳокимаи парванда ба таври дастҷамъӣ ҳамаи масъалаҳо аз ҷониби судяҳо бо аксарияти овозҳо ҳал мегарданд ва зимнан ҳеҷ яке аз судяҳо ҳуқуқ надорад аз овоздиҳӣ худдорӣ намояд. Раисикунанда охирин шуда овоз медиҳад.
4. Судяе, ки ҳангоми муҳокимаи дастҷамъии парванда иштирок намуда, бо фикри аксарият розӣ намебошад, метавонад фикри махсуси худро дар шакли хаттӣ баён кунад, ки он ба парванда замима гардида, дар маҷлиси судӣ эълон карда намешавад.
Моддаи 18. Асосҳо барои рад намудани судя
1. Судя дар ҳолатҳои зайл наметавонад парвандаро баррасӣ намояд ва ӯ бояд рад карда шавад, агар:
- ҳангоми баррасии қаблии ҳамин парванда ба сифати прокурор, намоянда, шоҳид, коршиноси судӣ, мутахассис, тарҷумон, котиби маҷлиси судӣ иштирок карда бошад;
- хешованди яке аз шахсони иштирокчии парванда ё намояндаи онҳо бошад;
- шахсан, бевосита ё бавосита ба натиҷаи ҳалли парванда манфиатдор бошад ё дигар ҳолатҳое мавҷуд бошанд, ки беғаразӣ ва холисии ӯро зери шубҳа гузоранд.
2. Ба ҳайати суде, ки парвандаро баррасӣ менамояд, шахсоне, ки байни худ муносибатҳои хешовандӣ доранд, наметавонанд дохил шаванд.
Моддаи 19. Норавоии иштироки такрории судя дар баррасии парванда
1. Судяе, ки парвандаро дар суди марҳилаи якум баррасӣ намудааст, наметавонад ҳангоми баррасии ҳамин парванда дар судҳои марҳилаҳои кассатсионӣ ва назоратӣ ва ё дар баррасии нави парванда дар суди марҳилаи якум баъди бекор шудани ҳалнома ё таъинот, ки дар асоси он мурофиа қатъ карда шудааст, иштирок намояд.
2. Судяе, ки дар баррасии парванда дар суди марҳилаи кассатсионӣ иштирок намудааст, наметавонад ҳангоми баррасии ҳамин парванда дар судҳои марҳилаҳои якум ва назоратӣ иштирок намояд ва ё баъди бекор шудани қарори марҳилаи кассатсионӣ дар вақти баррасии нави парванда дар суди марҳилаи кассатсионӣ иштирок намояд.
3. Судяе, ки дар баррасии парванда дар суди марҳилаи назоратӣ иштирок намудааст, наметавонад ҳангоми баррасии ҳамин парванда дар судҳои марҳилаҳои якум ва кассатсионӣ иштирок намояд.
Моддаи 20. Асосҳои рад намудани прокурор, котиби маҷлиси судӣ, коршиноси судӣ, мутахассис, тарҷумон
1. Асосҳои рад намудан, ки дар моддаи 18 ҳамин Кодекс зикр гардидаанд, инчунин нисбат ба прокурор, котиби маҷлиси судӣ, коршиноси судӣ, мутахассис ва тарҷумон татбиқ мегарданд. Инчунин коршиноси судӣ ё мутахассис, агар таҳти тобеияти хизматӣ ё дигар навъи тобеияти ягон шахси иштирокчии парванда, намояндаи онҳо бошад ё қарор дошт, наметавонад ҳангоми баррасии парванда дар суд иштирок намояд.
2. Иштироки прокурор, котиби маҷлиси судӣ, коршиноси судӣ, мутахассис, тарҷумон ҳангоми баррасии қаблии ҳамин парванда мутаносибан ба сифати прокурор, котиби маҷлиси судӣ, коршиноси судӣ, мутахассис, тарҷумон барои рад намудани онҳо асос шуда наметавонад.
Моддаи 21. Ариза оид ба худрадкунӣ ва рад намудан
1. Ҳангоми мавҷудияти ҳолатҳои дар моддаҳои 18-20 ҳамин Кодекс зикргардида судя, прокурор, котиби маҷлиси судӣ, коршиноси судӣ, мутахассис, тарҷумон ӯҳдадоранд оид ба худрадкунӣ ариза пешниҳод намоянд. Бо ҳамин асосҳо низ шахсоне, ки иштирокчии парванда мебошанд, метавонанд оид ба рад намудан ариза пешниҳод намоянд.
2. Худрадкунӣ ё рад намудан бояд асоснок бошад ва то оғози моҳиятан баррасӣ намудани парванда пешниҳод шавад. Пешниҳоди худрадкунӣ ё рад намудан баъди оғози моҳиятан баррасӣ намудани парванда танҳо ҳангоме имконпазир аст, агар он асосҳо ба шахсе, ки худрадкунӣ ё рад намуданро пешниҳод кардааст ё ба суд баъди оғози моҳиятан баррасӣ намудани парванда маълум шуда бошад.
3. Тартиби ҳалли ариза оид ба худрадкунӣ, рад намудан ва оқибати қонеъ гардонидани он тибқи тартиби пешбининамудаи моддаҳои 22 ва 23 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад.
Моддаи 22. Тартиби ҳалли ариза оид ба рад намудан
1. Дар сурати пешниҳоди ариза оид ба рад намудан ҳангоми баррасии парвандаи маданӣ дар суди марҳилаи якум, судя ва ҳангоми баррасии кассатсионӣ бошад, суд бояд фикри шахсони иштирокчии парванда, инчунин шахсеро, ки нисбат ба ӯ ариза оид ба рад намудан пешниҳод шудааст, шунавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
2. Ҳангоми аз ҷониби судя баррасӣ намудани парванда дар суди марҳилаи якум масъалаи рад кардани судяро худи судяе, ки парвандаро баррасӣ менамояд, ҳал мекунад.
3. Ҳангоми баррасии парванда дар суди марҳилаи кассатсионӣ масъалаи рад намудани судя аз ҷониби дигар судяҳо дар ғоибии судяи радшаванда ҳал карда мешавад. Ҳангоми баробарии овозҳои судяҳое, ки барои рад намудан ё зидди рад намудан овоз додаанд, судя радшуда ба ҳисоб меравад. Аризае, ки оид ба рад намудани якчанд судя ё нисбат ба ҳамаи ҳайати суд пешниҳод шудааст, аз ҷониби ҳамин суд дар ҳайати пурра бо аксарияти овозҳо ҳал карда мешавад.
4. Масъалаи рад намудани прокурор, котиби маҷлиси судӣ, коршиноси судӣ, мутахассис ва тарҷумон аз ҷониби суде, ки парвандаро баррасӣ менамояд, ҳал карда мешавад.
5. Барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба рад намудан судя дар хонаи алоҳида ва суд дар хонаи машваратӣ таъинот қабул мекунанд.
6. Ҳангоми аз ҷониби судя ё суд қонеъ нагардондани ариза оид ба рад намудан мурофиаи судӣ тибқи тартиби умумӣ давом дода мешавад.
Моддаи 23. Оқибатҳои қонеъ гардонидани ариза оид ба рад намудан
1. Дар сурати рад намудани судя ҳангоми баррасии парванда дар судҳои шаҳр, ноҳия, суди ҳарбии гарнизон парванда дар ҳамин суд, аммо аз ҷониби судяи дигар баррасӣ мегардад ё ба дигар суди шаҳр, ноҳия ё суди ҳарбии гарнизон бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс фиристода мешавад, агар дар суди шаҳр, ноҳия, суди ҳарбии гарнизон, ки парванда баррасӣ мегардад, иваз намудани судя имконнопазир бошад.
2. Дар сурати рад намудани судя ё ҳамаи ҳайати суд ҳангоми баррасии парванда дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, суди вилоят, суди шаҳри Душанбе парванда дар ҳамин суд, аммо аз ҷониби судяи дигар ё дар ҳайати дигари суд баррасӣ мегардад.
3. Парванда бояд ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шавад, агар дар суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, суди вилоят, суди шаҳри Душанбе баъди қонеъгардонии ариза оид ба рад намудан ё бо сабабҳои дар моддаи 19 ҳамин Кодекс зикргардида таъсиси ҳайати нави суд ҷиҳати баррасии ҳамин парванда имконнопазир бошад.
БОБИ 3. ТОБЕИЯТИ ИДОРАВӢ ВА ТОБЕИЯТИ СУДӢ
Моддаи 24. Тобеияти идоравии парвандаҳои маданӣ ба судҳо
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022)
1. Судҳо парвандаҳои зеринро баррасӣ ва ҳал менамоянд:
- парвандаҳо оид ба даъвои шаҳрвандон, ташкилот, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар хусуси ҳифзи ҳуқуқи вайроншуда ё мавриди баҳс қарордошта, озодӣ ва манфиатҳои қонунӣ, оид ба баҳсҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи маданӣ, меҳнатӣ, оилавӣ, экологӣ, манзил, замин ва дигар муносибатҳо бармеоянд;
- парвандаҳо оид ба талаботе, ки дар моддаи 124 ҳамин Кодекс номбар шудаанд, тибқи тартиби мурофиаи фармонӣ ҳал карда мешаванд;
- парвандаҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи омма бармеоянд ва дар моддаи 249 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудаанд;
- парвандаҳои мурофиаи махсус, ки дар моддаи 267 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудаанд;
- парвандаҳо оид ба эътироф ва иҷрои ҳалномаҳои судҳои давлатҳои хориҷӣ ва ҳалномаҳои судҳои ҳакамии давлатҳои хориҷӣ (арбитражҳо);
- парвандаҳо дар хусуси додани варақаи иҷро барои иҷрои маҷбурии ҳалномаҳои судҳои ҳакамӣ.
2. Судяҳо парвандаҳоро бо иштироки шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд, ташкилотҳои хориҷӣ, ташкилотҳо бо инвеститсияҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ баррасӣ ва ҳал менамоянд.
3. Судяҳо парвандаҳои пешбининамудаи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин моддаро, ба истиснои баҳсҳои иқтисодӣ ва дигар парвандаҳое, ки тибқи қонун таҳти тобеияти судҳои иқтисодӣ қарор доранд, баррасӣ ва ҳал менамоянд.
4. Ҳангоми муроҷиат ба суд бо аризаи дорои якчанд талаботи ба ҳам алоқаманд, ки баъзеи онҳо таҳти тобеияти суди юрисдиксияи умумӣ ва баъзеи онҳо таҳти тобеияти суди иқтисодӣ қарор доранд, агар тақсими талабот имконнопазир бошад, парванда бояд дар суди юрисдиксияи умумӣ баррасӣ ва ҳал карда шавад. Дар сурати имконпазирии тақсим кардани талабот судя оид ба қабули талаботи таҳти тобеияти суди юрисдиксияи умумӣ ва оид ба рад намудани қабули талаботи таҳти тобеияти суди иқтисодӣ қарордошта таъинот кабул мекунад.
Моддаи 25. Супоридани баҳс ба суди ҳакамӣ
Тибқи созиши тарафҳо баҳси таҳти тобеияти идоравии судӣ қарордоштаро, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи маданӣ ба миён меоянд, то қабули ҳалномаи суди марҳилаи якум, ки бо он моҳиятан баррасии парвандаи маданӣ хотима меёбад, тарафҳо метавонанд барои баррасӣ ба суди ҳакамӣ пешниҳод намоянд, агар қонун тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
Моддаи 26. Парвандаҳои маданӣ, ки таҳти тобеияти судии судҳои шаҳр ва ноҳия қарор доранд
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022)
Парвандаҳои мадание, ки таҳти тобеияти судии судҳо қарор доранд, ба истиснои парвандаҳои пешбининамудаи моддаҳои 27, 28 ва 29 ҳамин Кодекс, аз ҷониби судҳои шаҳр, ноҳия ба сифати суди марҳилаи якум баррасӣ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
Моддаи 27. Парвандаҳои маданӣ, ки таҳти тобеияти судии судҳои ҳарбӣ қарор доранд
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022)
Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун парвандаҳои маданӣ аз ҷониби судҳои ҳарбӣ баррасӣ мегарданд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
Моддаи 28. Парвандаҳои маданӣ, ки таҳти тобеияти судии суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, суди вилоят ва суди шаҳри Душанбе қарор доранд
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022)
1. Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, суди вилоят ва суди шаҳри Душанбе ба сифати суди марҳилаи якум парвандаҳоеро баррасӣ менамоянд, ки мутобиқи қонун таҳти тобеъияти судии онҳо қарор доранд.
2. Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятҳо ва суди шаҳри Душанбе дар сурати ду маротиба бекор карда шудани ҳалномаҳои судии судҳои шаҳру ноҳияҳо вобаста ба парвандаи мушаххас, ин парвандаро ба истеҳсолоти худ қабул намуда, ба сифати суди марҳилаи якум баррасӣ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871).
Моддаи 29. Парвандаҳои мадание, ки таҳти тобеияти судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022)
1. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати суди марҳилаи якум парвандаҳоеро баррасӣ менамояд, ки мутобиқи қонун таҳти тобеияти судии он қарор доранд.
2. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати ду маротиба бекор карда шудани ҳалномаҳо ва қарорҳои судӣ вобаста ба парвандаи мушаххас, ин парвандаро ба истеҳсолоти худ қабул намуда, ба сифати суди марҳилаи якум баррасӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871).
Моддаи 30. Пешниҳоди даъво вобаста ба маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии ҷавобгар
Даъво ба суди маҳалли истиқомати ҷавобгар пешниҳод карда мешавад. Даъво нисбат ба шахси ҳуқуқӣ ба суди маҳалли ҷойгиршавии он пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 31. Тобеияти судӣ мутобиқи интихоби даъвогар
1. Даъво нисбат ба ҷавобгаре, ки маҳалли истиқоматаш номаълум аст ё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли истиқомат надорад, мумкин аст инчунин ба суди маҳалли ҷойгиршавии молу мулки ӯ ё маҳалли охирини истиқомати ӯ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маълум мебошад, пешниҳод карда шавад.
2. Даъво нисбат ба шахси ҳуқуқӣ метавонад, инчунин ба маҳалли ҷойгиршавии молу мулки ӯ пешниҳод шавад. Даъво нисбат ба шахси ҳуқуқӣ, ки аз фаъолияти филиал ё намояндагии он бармеояд, метавонад ҳамчунин ба суди маҳалли ҷойгиршавии филиал ё намояндагӣ пешниҳод шавад.
3. Даъво оид ба ситонидани алимент ва дар хусуси муқаррар намудани падарӣ мумкин аст аз ҷониби даъвогар инчунин ба суди маҳалли истиқомати даъвогар пешниҳод шавад.
4. Даъво оид ба бекор кардани ақди никоҳ бо шахсоне, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи бемории руҳӣ ғайри қобили амал эътироф гардидаанд, инчунин бо шахсоне, ки барои содир намудани ҷиноят ба маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати зиёда аз се сол маҳкум шудаанд, метавонад ба маҳалли истиқомати даъвогар пешниҳод шавад. Даъво оид ба бекор кардани ақди никоҳ метавонад ба суди маҳалли истиқомати даъвогар инчунин дар ҳолатҳое пешниҳод шавад, ки агар ҳамроҳи ӯ фарзандони ноболиғ зиндагӣ кунанд ё ҳангоме, ки мутобиқи вазъи саломатӣ сафари даъвогар ба маҳалли истиқомати ҷавобгар барояш мушкил бошад.
5. Даъво дар хусуси ҷуброни зарари дар натиҷаи осеб ё зиёни дигари ба саломатӣ расонидашуда, инчунин вобаста ба фавти саробон метавонад аз ҷониби даъвогар ба суди маҳалли истиқомати худ ё маҳалле, ки дар он зарар расонида шудааст низ пешниҳод шавад.
6. Даъво дар хусуси барқарор намудани ҳуқуқҳои меҳнатӣ, нафақа, манзил, баргардондани молу мулк ё арзиши он, вобаста ба ҷуброни зараре, ки ба шаҳрванд дар натиҷаи ғайриқонунӣ маҳкум намудан, ғайриқонунӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан, ғайриқонунӣ баҳабсгирӣ ба сифати чораи пешгирӣ, забонхат оиди аз ҷои истиқомат набаромадан, ғайриқонунӣ татбиқ намудани ҷазои маъмурӣ дар шакли ҳабс ё корҳои ислоҳӣ расонида шудааст, мумкин аст ҳамчунин ба суди маҳалли истиқомати даъвогар пешниҳод шавад.
7. Даъво оид ба ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон мумкин аст ҳамчунин ба суди маҳалли истиқомати даъвогар ё маҳалли бастани шартнома ё иҷро намудани он пешниҳод шавад.
8. Даъвое, ки аз шартнома бармеояд ва дар он маҳалли иҷро зикр шудааст, мумкин аст ҳамчунин ба суди маҳалли иҷрои шартнома пешниҳод шавад.
9. Даъво оид ба ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи бархӯрди киштиҳо, ситонидани подош барои кӯмак ва наҷот додан дар баҳр пешниҳод шудааст, мумкин аст ба суди маҳалли ҷойгиршавии киштии шахси ҷавобгар ё маҳалли бақайдгирии киштӣ пешниҳод шавад.
10. Интихоби суд аз байни якчанд судҳо, ки мутобиқи ҳамин модда парванда таҳти тобеияти судии онҳо қарор дорад, ба истиснои тобеияти судии муқаррарнамудаи моддаи 32 ҳамин Кодекс, ба даъвогар марбут мебошад. Баъди қабул гардидани даъво аз ҷониби суд даъвогар ҳуқуқи аз якчанд суд интихоб намудани як судро аз даст медиҳад.
Моддаи 32. Тобеияти истисноии судӣ
1. Даъво дар хусуси ҳуқуқ ба қитъаҳои замин, қитъаҳои қаъри замин, иншооти махсуси обӣ, ҷангалзор, ниҳолзори бисёрсола, бино, иншоот, дигар объектҳо, ки устувор бо замин пайванданд, инчунин озодкунии молу мулк аз ҳабс ба суди маҳалли ҷойгиршавии ин иншоот ё молу мулки ба ҳабс гирифташуда пешниҳод мегардад.
2. Даъвои қарздиҳандагони меросгузор, ки то қабули мерос аз ҷониби меросгирон пешниҳод шудаааст, таҳти тобеияти судии суди маҳалли кушодашавии молу мулки меросӣ ё қисми он қарор дорад.
3. Даъво нисбат ба боркашонҳо, ки аз шартномаи интиқоли бор бармеояд, ба суди маҳалли ҷойгиршавии боркашон, ки тибқи тартиби муқарраргардида нисбат ба он иддао оварда шудааст, пешниҳод мешавад.
Моддаи 33. Тобеияти судии якчанд парвандаҳои ба ҳам алоқаманд
1. Даъво нисбат ба якчанд ҷавобгар, ки дар маҳалҳои мухталиф истиқомат мекунанд ё ҷойгир шудаанд, тибқи интихоби даъвогар ба суди маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии яке аз ҷавобгарон пешниҳод карда мешавад.
2. Даъвои муқобили даъво, сарфи назар аз тобеияти судии он, ба суди маҳалли баррасии даъвои қаблӣ пешниҳод карда мешавад.
3. Даъвои маданӣ, ки аз парвандаи ҷиноятӣ бармеояд, агар он ҳангоми баррасии парвандаи ҷиноятӣ пешниҳод ё ҳал нашуда бошад, барои баррасӣ тибқи тартиби мурофиаи судии маданӣ, мутобиқи қоидаҳои тобеияти судии муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс пешниҳод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
Моддаи 34. Созишнома оид ба тобеияти судӣ
1. Тарафҳо метавонанд то пешниҳоди даъво ба суд тибқи созишномаи хаттии байни ҳамдигар тобеияти судии ҳудудиро барои ҳамин парванда тағйир диҳанд.
2. Тобеияти судии муқаррарнамудаи моддаҳои 27, 28, 29 ва 32 ҳамин Кодекс наметавонад мутобиқи созишномаи тарафҳо тағйир дода шавад.
Моддаи 35. Ба суди дигар супоридани парвандае, ки суд ба баррасии худ қабул намудааст
1. Парвандае, ки суд бо риояи қоидаҳои тобеияти судӣ барои баррасӣ қабул кардааст, бояд аз ҷониби ҳамин суд моҳиятан ҳал карда шавад, ҳарчанд минбаъд он мумкин аст таҳти тобеияти судии суди дигар қарор гирад.
2. Суд дар ҳолатҳои зайл парвандаро барои баррасӣ ба суди дигар месупорад, агар:
- ҷавобгаре, ки маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии он қаблан маълум набошад, дар хусуси супоридани парванда ба суди маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии он дархост пешниҳод кунад;
- ҳар ду тараф ҷиҳати баррасии парванда дар маҳалли мавҷудияти аксарияти далелҳо дархост пешниҳод карда бошанд;
- мутобиқи дархости ҷавобгар, агар ҳангоми баррасии парванда дар ҳамин суд ошкор гардад, ки он барои баррасии суд бо вайрон кардани қоидаҳои тобеияти судӣ қабул карда шудааст;
- баъди рад намудани як ё якчанд судяҳо ё бо сабабҳои дигар иваз намудани судяҳо ё баррасии парванда дар ҳамин суд имконнопазир гардад, супоридани парванда дар ин ҳолат ба дигар суд аз ҷониби суди болоӣ анҷом дода мешавад.
3. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи сархати сеюми қисми 2 ҳамин модда парвандаи маданӣ ба суди дигар супорида намешавад, агар ҷавобгар аз лаҳзаи расман ба суд даъват шуданаш масъалаи тобеияти судии ҳамин парвандаи маданиро мавриди баҳс қарор надиҳад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
4. Оид ба масъалаҳои супоридани парванда ба суди дигар ё дар хусуси рад намудани супоридани парванда ба суди дигар таъинот қабул карда мешавад, ки нисбат ба он шахсони иштирокчии парванда метавонанд шикояти хусусӣ пешниҳод намоянд. Супоридани парванда аз як суд ба суди дигар баъди гузаштани мӯҳлати пешниҳоди шикояти хусусии ин таъинот ва ҳангоми пешниҳоди шикоят бошад, баъди қабул намудани таъинот дар хусуси қонеъ нагардонидани шикояти хусусӣ анҷом дода мешавад.
5. Парвандае, ки аз як суд ба суди дигар ирсол гардидааст, бояд аз ҷониби суде, ки ба он ирсол шудааст, баррасӣ карда шавад. Ба баҳс оид ба тобеияти судӣ байни судҳои юрисдиксияи умумӣ роҳ дода намешавад.
БОБИ 4. ШАХСОНЕ, КИ ДАР ПАРВАНДА ИШТИРОК МЕКУНАНД
Моддаи 36. Ҳайати шахсони иштирокчии парванда
Шахсони иштирокчии парванда: тарафҳо, шахсони сеюм, прокурор, шахсоне, ки ба суд ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии дигар шахсон муроҷиат намудаанд ё дар мурофиа бо мақсади додани хулоса тибқи асосҳои пешбининамудаи моддаҳои 4, 47, 48 ва 49 ҳамин Кодекс баромад мекунанд, аризадиҳандагон ва шахсони манфиатдор оид ба парвандаҳои мурофиаи махсус мебошанд.
Моддаи 37. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шахсони иштирокчии парванда
1. Шахсони иштирокчии парванда ҳуқуқ доранд:
- аз ёрии ҳуқуқии аз тарафи давлат кафолатдодашуда дар асос ва бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ" истифода баранд (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1697) ;
- бо маводи парванда шинос шаванд, аз он иқтибос ё нусха гиранд;
- оид ба рад намудан ариза пешниҳод кунанд, далелҳо оваранд ва дар таҳқиқи онҳо иштирок намоянд;
- ба дигар шахсони иштирокчии парванда, шоҳидон, коршиносони судӣ ва мутахассисон саволҳо диҳанд;
- дар бораи талаб карда гирифтани далелҳо ба суд дархост пешниҳод намоянд;
- ба суд баёноти шифоҳӣ ва хаттӣ диҳанд, оид ба ҳамаи масъалаҳое, ки дар ҷараёни муҳокимаи судӣ ба миён меоянд, ваҷҳҳои худро пешниҳод кунанд, муқобили дархост ва ваҷҳҳои дигар шахсони иштирокчии парванда норозигӣ баён намоянд;
- ба суд ҳуҷҷатҳоро дар шакли электронӣ, аз ҷумла ҳуҷҷатҳоеро, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзои электронии рақамӣ тасдиқ карда шудаанд, бо ҷойгир намудани онҳо дар сомонаи суд пешниҳод намоянд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1930);
- нисбат ба санадҳои судӣ шикоят пешниҳод намоянд ва аз дигар ҳуқуқҳои мурофиавии пешбининамудаи қонунгузорӣ оид ба мурофиаи судии маданӣ ва аз ҳамаи ҳуқуқҳои мурофиавие, ки барояшон пешбинӣ шудааст, бовиҷдонона истифода намоянд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
2. Шахсони иштирокчии парванда ҳамаи ӯҳдадориҳои мурофиавии муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ва дигар қонунҳоро ба зимма доранд, ки ҳангоми иҷро накардани онҳо оқибатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ дар бораи мурофиаи судии маданӣ фаро мерасад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
Моддаи 38. Қобилияти ҳуқуқдории мурофиавии маданӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022)
Қобилияти ҳуқуқдории мурофиавии маданӣ ва ба зимма гирифтани ӯҳдадориҳои мурофиавии тараф (қобилияти ҳуқуқдории мурофиавии маданӣ) нисбат ба ҳамаи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳифзи судии ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунӣ ҳуқуқ доранд, дар асоси баробар эътироф мегардад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
Моддаи 39. Қобилияти амали мурофиавии маданӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022)
1. Қобилияти бо амали худ анҷом додани ҳуқуқи мурофиавӣ, иҷрои ӯҳдадориҳои мурофиавӣ ва супоридани пешбурди парванда ба намоянда (қобилияти амали мурофиавии маданӣ) дар ҳаҷми пурра ба шаҳрвандоне, ки ба синни ҳаждаҳсолагӣ расидаанд ва ба шахсони ҳуқуқӣ марбут мебошад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
2. Ноболиғ метавонад аз лаҳзаи бастани ақди никоҳ ё дорои қобилияти пурраи амал эътироф гардидани ӯ (эмансипатсия) ҳуқуқи мурофиавии худро шахсан анҷом диҳад ва ӯҳдадориҳои мурофиавиро иҷро кунад.
3. Ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи ноболиғони синни аз чордаҳ то ҳаждаҳсоларо дар мурофиа намояндагони қонунии онҳо ҳимоя мекунанд, аммо суд ӯҳдадор аст ҷиҳати иштирок дар чунин парвандаҳо худи ноболиғонро ҷалб намояд.
4. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун нисбат ба парвандаҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи маданӣ, оилавӣ, меҳнатӣ, омма бармеоянд, ноболиғони синни аз чордаҳ то ҳаждаҳсола дар суд шахсан ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи худро ҳимоя мекунанд. Суд ҳуқуқ дорад ҷиҳати иштирок дар баррасии чунин парвандаҳо намояндагони қонунии ноболиғонро ҷалб намояд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
5. Ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи ноболиғон, инчунин шаҳрвандоне, ки ғайри қобили амал эътироф шудаанд, дар мурофиа аз ҷониби намояндагони қонунии онҳо, падару модар, ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда), васиён, парасторон ё дигар шахсоне, ки қонун ба онҳо чунин ҳуқуқро додааст, ҳимоя карда мешавад.
Моддаи 40. Тарафҳо
1. Дар мурофиаи маданӣ тарафҳо (даъвогар ё ҷавобгар) метавонанд субъектҳои эҳтимолӣ ё воқеии муносибатҳои баҳсноки ҳуқуқии моддӣ бошанд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
2. Шахсе, ки ба манфиати ӯ парванда дар асоси аризаи шахсоне оғоз гардидааст, ки тибқи қонун барои муроҷиат ба суд ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии дигар шахсон ҳуқуқ доранд, аз ҷониби суд дар хусуси мурофиа огоҳонида шуда, дар мурофиа ба сифати даъвогар иштирок мекунад.
3. Тарафҳо аз ҳуқуқи баробари мурофиавӣ истифода бурда, дорои ӯҳдадориҳои баробари мурофиавӣ мебошанд.
Моддаи 41. Иштироки якчанд даъвогар ё ҷавобгар
1. Даъво метавонад муштарак аз ҷониби якчанд даъвогар ё нисбат ба якчанд ҷавобгар пешниҳод карда шавад (шарикии мурофиавӣ).
2. Шарикии мурофиавӣ иҷозат дода мешавад, агар:
- мавзӯи баҳс ҳуқуқ ё ӯҳдадориҳои умумии якчанд даъвогар ё ҷавобгар бошад;
- ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои якчанд даъвогар ё ҷавобгар як асос дошта бошанд;
- мавзӯи баҳс ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шабеҳ бошад.
3. Ҳар яке аз даъвогарон ё ҷавобгарон нисбат ба тарафи дигар дар мурофиаи судӣ мустақилона баромад мекунанд. Шарикон метавонанд пешбурди парвандаро ба як ё якчанд шарикон супоранд.
Моддаи 42. Иваз намудани ҷавобгари номуносиб
1. Агар суд ҳангоми омодасозии парванда ё ҳангоми муҳокимаи он дар суди марҳилаи якум муқаррар намояд, ки даъво ба шахсе пешниҳод шудааст, ки набояд мутобиқи даъво ҷавобгар бошад, метавонад бо мувофиқаи даъвогар, агар ҳамзамон тобеияти судии ҳамин парванда тағйир наёбад, ҷавобгари номуносибро ба ҷавобгари муносиб иваз намояд. Баъди иваз намудани ҷавобгари номуносиб омодасозӣ ва баррасии парванда аз нав оғоз мегардад, агар дар ин бора ҷавобгари муносиб дархост пешниҳод намояд.
2. Агар даъвогар барои ба шахси дигар иваз намудани ҷавобгари номуносиб розӣ набошад, суд парвандаро тибқи даъвои пешниҳодшуда баррасӣ менамояд.
Моддаи 43. Тағйир додани даъво, даст кашидан аз даъво, эътироф намудани даъво, созиши оштӣ
1. Тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс даъвогар ҳуқуқ дорад асос ё мавзӯи даъворо тағйир диҳад, андозаи талаботи даъворо зиёд ё кам намояд ё аз даъво даст кашад, ҷавобгар ҳуқуқ дорад даъворо эътироф кунад, тарафҳо метавонанд парвандаро бо созиши оштӣ ҳал намоянд.
2. Суд даст кашидани даъвогарро аз даъво, эътироф намудани даъворо қабул намекунад, созиши оштии тарафҳоро тасдиқ намекунад, агар он хилофи қонун бошад ё ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии дигар шахсонро халалдор созад.
3. Ҳангоми тағйирёбии асос ё мавзӯи даъво, зиёд ё кам шудани андозаи талаботи даъво ҷараёни мӯҳлати баррасии парванда, ки ҳамин Кодекс пешбинӣ намудааст, аз рӯзи иҷрои амали дахлдори мурофиавӣ оғоз мегардад.
Моддаи 44. Шахсони сеюме, ки нисбат ба мавзӯи баҳс талаботи мустақилона пешниҳод мекунанд
1. Шахсони сеюме, ки нисбат ба мавзӯи баҳс талаботи мустақилона пешниҳод намудаанд, метавонанд ба мурофиа то қабул намудани санади судӣ аз рӯи парванда аз ҷониби суди марҳилаи якум ҳамроҳ шаванд.
2. Судя ҷиҳати эътироф ё рад намудан ба сифати шахсони сеюме, ки нисбат ба мавзӯи баҳс талаботи мустақилона пешниҳод мекунанд, таъинот қабул мекунад. Нисбат ба ин таъиноти суд шахсони иштирокчии парванда метавонанд шикояти хусусӣ пешниҳод намоянд.
3. Шахсони сеюме, ки нисбат ба мавзӯи баҳс талаботи мустақилона пешниҳод намудаанд, аз тамоми ҳуқуқи даъвогар истифода мебаранд ва ӯҳдадориҳои даъвогарро ба зимма доранд.
Моддаи 45. Шахсони сеюме, ки нисбат ба мавзӯи баҳс талаботи мустақилона пешниҳод накардаанд
1. Шахсони сеюме, ки нисбат ба мавзӯи баҳс талаботи мустақилона пешниҳод накардаанд, метавонанд дар мурофиа ба ҷонибдории даъвогар ё ҷавобгар то қабул намудани санади судӣ аз рӯи парванда аз ҷониби суди марҳилаи якум ҳамроҳ шаванд, агар ҳалнома ба ҳуқуқ ё ӯҳдадориҳои онҳо ё яке аз тарафҳо таъсир расонад.
2. Шахсони сеюме, ки нисбат ба мавзӯи баҳс талаботи мустақилона пешниҳод накардаанд, мутобиқи моддаи 134 ҳамин Кодекс ба суд аризаи хаттӣ пешниҳод мекунанд. Ба аризаи шахсони сеюме, ки нисбат ба мавзӯи баҳс талаботи мустақилона пешниҳод накардаанд, мутаносибан ба теъдоди шахсони иштирокчии парванда нусхаи онҳо замима мегардад.
3. Шахсони сеюме, ки ба мавзӯи баҳс талаботи мустақилона пешниҳод накардаанд, метавонанд ҷиҳати иштирок дар мурофиа, инчунин тибқи аризаи хаттии шахсони иштирокчии парванда ҷалб карда шаванд, ки дар он бояд асосҳои ҷалби шахси сеюм зикр гарданд. Нусхаи ариза ба шахси сеюм, инчунин дигар шахсони иштирокчии парванда супорида мешавад.
4. Шахсони сеюме, ки талаботи мустақилона пешниҳод накардаанд, аз ҳуқуқҳои мурофиавӣ истифода мебаранд ва дорои ӯҳдадории мурофиавии тарафҳо мебошанд, ба истиснои ҳуқуқ барои тағйир додани асос ва мавзӯи даъво, зиёд ё кам кардани андозаи талаботи даъво, даст кашидан аз даъво, эътирофи даъво, бастани созиши оштӣ, инчунин пешниҳоди даъвои муқобили даъво ва талаботи иҷрои маҷбурии санади судӣ.
Моддаи 46. Ворисии ҳуқуқии мурофиавӣ
1. Ҳангоми хориҷ шудани яке аз тарафҳо аз муносибатҳои баҳснок ё муносибатҳои ҳуқуқии бо ҳалнома муқарраршуда (фавти шаҳрванд, азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ, гузашт кардани талабот, гузаронидани қарз ва дигар ҳолатҳои ивазшавии шахсон вобаста ба ӯҳдадорӣ), суд метавонад иваз намудани ҳамин тарафро бо вориси ҳуқуқии он иҷозат диҳад. Ворисии ҳуқуқӣ дар ҳамаи марҳилаҳои мурофиа имконпазир мебошад. Дар хусуси иваз намудан ё рад намудани ивази тараф бо вориси ҳуқуқӣ суд таъинот қабул мекунад.
2. Ҳамаи амалиёте, ки то ворид шудани вориси ҳуқуқӣ ба мурофиа анҷом дода шудааст, барои ӯ ба ҳамон дараҷае ҳатмӣ мебошад, ки метавонист барои шахси ивазнамудаи вориси ҳуқуқӣ ҳатмӣ бошад.
3. Нисбат ба таъинот дар хусуси иваз намудан ё рад намудани ивази тараф бо вориси ҳуқуқӣ шахсони иштирокчии парванда метавонанд шикояти хусусӣ пешниҳод намоянд.
Моддаи 47. Иштироки прокурор дар мурофиа
1. Прокурор ҳуқуқ дорад ба суд ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, гурӯҳи номуайяни шахсон, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои давлатӣ ё ба манфиати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ариза муроҷиат кунад. Аризаро ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон прокурор метавонад танҳо дар ҳолате пешниҳод намояд, ки агар шаҳрванд вобаста ба вазъи саломатӣ, синну сол, ғайри қобили амал будан ва дигар сабабҳои узрнок натавонад худаш ба суд муроҷиат кунад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1898).
2. Прокуроре, ки ариза пешниҳод намудааст, аз тамоми ҳуқуқҳои мурофиавии даъвогар истифода бурда, ҳамаи ӯҳдадориҳои мурофиавии даъвогарро ба зимма дорад, ба истиснои ҳуқуқ барои бастани созиши оштӣ ва ӯҳдадориҳои пардохти хароҷоти судӣ. Дар сурати даст кашидани прокурор аз ариза, ки барои ҳифзи манфиатҳои қонунии дигар шахс пешниҳод шудааст, моҳиятан баррасӣ намудани парванда давом дода мешавад, агар ин шахс дар бораи даст кашидан аз даъво ариза пешниҳод накарда бошад. Дар ҳолати даст кашидани даъвогар аз даъво суд баррасии парвандаро қатъ менамояд.
3. Прокурор дар баррасии парвандаҳо вобаста ба манзил, замин, эътирофи ҳуқуқи моликият, барқарор намудан ба ҷои кори пештара, ҷуброни зарари ба ҳаёт ва саломатӣ расонидашуда, муқаррар намудани ҳолатҳои дорои аҳамияти ҳуқуқидошта, аз ҳабс озод намудани молу мулк, инчунин дар ҳолатҳои дигари пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар қонунҳо ҳатман иштирок менамояд ва хулоса медиҳад. Ҳозир нашудани прокурор ба маҷлиси судӣ, ки аз вақту маҳалли баррасии парванда огоҳ карда шудааст, ба муҳокимаи парванда монеа шуда наметавонад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1898).
4. Прокурор, муовини якум ва муовинони ӯ ҳуқуқ доранд, ки дар доираи ваколаташон парванда ё гурӯҳи парвандаҳоро, ки бо онҳо санадҳои судӣ эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, бо мақсади таҳлил ва ҷамъбасти фаъолият дар самти таъмини риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо аз суд талаб карда гиранд. Дар сурати муайян намудани он, ки фармон, ҳалнома, таъинот ё қарори суд ғайриқонунӣ ё беасос аст, прокурор тадбирҳои дахлдорро бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур амалӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1898).
Моддаи 48. Муроҷиат ба суд барои ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шахсони дигар
1. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шаҳрвандон ё шахсони ҳуқуқӣ метавонанд барои ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи дигар шаҳрвандон мутобиқи хоҳиши онҳо ё гурӯҳи номуайяни шахсон бо даъво ба суд муроҷиат кунанд. Даъво барои ҳифзи манфиатҳои шаҳрванди ғайри қобили амал мумкин аст сарфи назар аз хоҳиши шахси манфиатдор ё намояндаи қонунии ӯ пешниҳод карда шавад.
2. Шахсоне, ки барои ҳифзи манфиатҳои дигар шахсон ба суд даъво пешниҳод кардаанд, аз тамоми ҳуқуқҳои мурофиавии даъвогар истифода мебаранд ва ҳамаи ӯҳдадориҳои мурофиавии даъвогарро иҷро мекунанд, ба истиснои ҳуқуқ барои бастани созиши оштӣ ва ӯҳдадориҳои пардохти хароҷоти судӣ. Ҳангоми аз ҷониби мақомоти зикргардида, шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ даст кашидан аз дастгирии талаботе, ки онҳо ба манфиати шахси дигар пешниҳод намудаанд, инчунин ҳангоми аз даъво даст кашидани даъвогар оқибатҳои мурофиавии пешбининамудаи қисми 2 моддаи 47 ҳамин Кодекс фаро мерасанд.
Моддаи 49. Иштироки мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар мурофиа ҷиҳати додани хулоса вобаста ба парванда
1. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ то баровардани ҳалномаи суди марҳилаи якум ҳуқуқ доранд бо ташаббуси худ ё бо ташаббуси шахсони иштирокчии парванда дар мурофиа бо мақсади иҷрои ӯҳдадориҳои ба зиммаашон гузошташуда ё барои ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии дигар шахсон ё манфиати давлат ҷиҳати додани хулоса вобаста ба парванда иштирок кунанд.
2. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ва дигар ҳолатҳои зарурӣ суд бо ташаббуси худ метавонад ҷиҳати ноил гаштан ба ҳамин мақсадҳо барои иштирок дар парванда мақомоти дахлдори давлатӣ ё мақомоти худидоракунии маҳаллиро ҷалб намояд.
БОБИ 5. НАМОЯНДАГӢ ДАР СУД
Моддаи 50. Пешбурди парванда ба воситаи намояндагон
1. Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд парвандаро дар суд шахсан ё ба воситаи намоянда пеш баранд. Иштироки шахсии шаҳрванд дар парванда ҳуқуқи ӯро ҷиҳати доштани намоянда вобаста ба ҳамин парванда маҳдуд намесозад.
2. Шахсони ҳуқуқӣ парвандаро дар суд ба воситаи мақомоти худ, ки дар доираи салоҳияти пешбининамудаи қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ё ҳуҷҷатҳои таъсисӣ амал мекунанд ё намояндагони онҳо пеш мебаранд.
3. Ваколатҳои роҳбарони шахсони ҳуқуқӣ мутобиқи ҳуҷҷатҳои ба суд пешниҳоднамудаи онҳо, ки вазъи хизматии онҳоро тасдиқ менамоянд ва ҳангоми зарурат мутобиқи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ тасдиқ карда мешаванд.
Моддаи 51. Шахсоне, ки метавонанд дар суд намоянда бошанд
Дар суд ба сифати намоянда метавонад шахси қобили амал, ки барои пешбурди парванда дорои ваколати ба таври дахлдор ба расмият даровардашуда мебошад, ба истиснои шахсони дар моддаи 53 ҳамин Кодекс зикргардида иштирок намояд. Шахсони дар моддаи 52 ҳамин Кодекс зикргардида мутобиқи қонун дорои ваколати намоянда мебошанд.
Моддаи 52. Намояндагоне, ки суд таъин мекунад
Суд адвокатро ба сифати намояндаи тараф дар ҳолатҳои зайл таъин менамояд:
- ҳузур надоштани намояндаи ҷавобгаре, ки маҳалли истиқомати он номаълум аст;
- дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун.
Моддаи 53. Шахсоне, ки наметавонанд дар суд намоянда бошанд
Судяҳо, муфаттишон, прокурорҳо наметавонанд дар суд намоянда бошанд, ба истиснои ҳолатҳои иштироки онҳо дар мурофиа ба сифати намояндагони мақомоти дахлдор ё намояндагони қонунӣ.
Моддаи 54. Намояндагони қонунӣ
1. Ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи шаҳрвандонро, ки дорои қобилияти пурраи амал нестанд, дар суд падару модари онҳо, ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда), васиён, парасторон ё дигар шахсоне, ки барояшон ин ҳуқуқро қонун пешбинӣ намудааст, ҳимоя мекунанд.
2. Оид ба парвандае, ки дар он бояд шахси тибқи тартиби муқарраргардида бедарак ғоибшуда эътирофгардида иштирок намояд, ба сифати намояндаи ӯ шахсе баромад мекунад, ки ба зиммаи ӯ идораи молу мулки шахси бедарак ғоибшуда вогузошта шудааст (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
3. Оид ба парвандае, ки дар он бояд вориси шахси вафоткарда ё тибқи тартиби муқарраргардида вориси шахси вафоткарда эълоншуда иштирок намояд, агар меросро ҳанӯз касе қабул накарда бошад, ба сифати намояндаи ворисон нигаҳдоранда ё васӣ, ки барои ҳифз ва идораи амволи меросӣ таъин гардидааст, иштирок мекунад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
4. Намояндагони қонунӣ, ки аз номи вакилкунандагон намояндагӣ мекунанд, тамоми амалҳои мурофиавиро ба ҷо меоранд, ки ҳуқуқи анҷом додани онҳо, бо назардошти маҳдудиятҳои пешбининамудаи қонун, ба вакилкунандагон марбут аст. Намояндагони қонунӣ метавонанд пешбурди парвандаро дар суд ба шахси дигаре, ки онҳо ба сифати намоянда интихоб кардаанд, супоранд.
Моддаи 55. Барасмиятдарории ваколатҳои намоянда
1. Ваколатҳои намоянда бояд дар ваколатнома, ки мутобиқи қонун дода ва ба расмият дароварда шудааст, пешбинӣ гарданд.
2. Ваколатномаҳое, ки ба шаҳрвандон дода мешаванд, мумкин аст тибқи тартиби нотариалӣ ё аз ҷониби ташкилоте, ки вакилкунанда дар он кор мекунад ё таҳсил менамояд, аз ҷониби мақоми худидоракунии маҳаллӣ, ташкилоти истифодаи манзили маҳалли истиқомати вакилкунанда, маъмурияти муассиса ё мақоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки дар он вакилкунанда қарор дорад, инчунин шифохона, госпитал ё дигар муассисаи статсионарии табобатӣ, ки дар он вакилкунанда ҷиҳати муолиҷа қарор дорад, командири қисми ҳарбии дахлдор, ҷузъу том, муассисаи таълими ҳарбӣ, агар ваколатнома барои хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони ҳамин қисм ё аъзои оилаи онҳо дода шуда бошад, тасдиқ гардад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2022).
3. Ваколатнома аз номи шахси ҳуқуқӣ бо имзои роҳбари он ё шахси дигаре, ки тибқи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ваколатдор шудааст, дода мешавад ва бо мӯҳри ин ташкилот тасдиқ карда мешавад.
4. Намояндагони қонунӣ ба суд ҳуҷҷатҳоеро пешниҳод менамоянд, ки вазъи ҳуқуқӣ ва ваколатҳои онҳоро тасдиқ мекунад.
5. Ҳуқуқи адвокат ҷиҳати иштирок дар суд ҳамчун намоянда бо ордер, ваколатнома ва шаҳодатнома  тасдиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1232).
6. Ваколати намоянда мумкин аст инчунин дар муроҷиати шифоҳии вакилкунанда дар суд, ки дар протоколи маҷлиси судӣ дарҷ гардида, аз ҷониби вакилкунанда имзо шудааст ё бо аризаи хаттии вакилкунанда дар суд муайян гардад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2022).
7. Иштироки ҳуқуқшиноси давлатӣ дар суд ба сифати намоянда бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ" таъмин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1697).
Моддаи 56. Ваколати намоянда
1. Намоянда ҳуқуқ дорад аз номи шахси намояндагикунанда дар суд ҳамаи амалҳои мурофиавиро анҷом диҳад (Қонуни ҶТ аз  2.01.2018 № 1474).
2. Ҳуқуқи намоянда барои имзои аризаи даъвогӣ, пешниҳоди он ба суд, супоридани парванда ба суди ҳакамӣ, пешниҳоди даъвои муқобили даъво, пурра ё қисман даст кашидан аз талаботи даъво, кам кардани андозаи онҳо, эътироф намудани даъво, тағйир додани мавзӯъ ё асоси даъво, бастани созиши оштӣ, ба шахси дигар вогузоштани ваколат, шикоят овардан ба санади судӣ, пешниҳоди ҳуҷҷатҳои иҷро ҷиҳати ситонидан, гирифтани молу мулк ё пули ба фоидаи ӯ гузаронидашуда бояд дар ваколатномае, ки вакилкунанда додааст, зикр гардад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2022).
БОБИ 6. ДАЛЕЛҲО ВА ИСБОТ
Моддаи 57. Далелҳо ва воситаҳои исбот
1. Ҳама гуна маълумот оид ба фактҳое, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун гирифта шудаанд ва дар асоси онҳо суд мавҷуд будан ё набудани ҳолатҳои асосноккунандаи талабот ва норозигии тарафҳо, инчунин дигар ҳолатҳои барои ҳалли дурусти парванда аҳамият доштаро муқаррар менамояд, далелҳо оид ба парванда эътироф мешаванд.
2. Маълумот оид ба фактҳо мумкин аст аз баёноти тарафҳо ва шахсони сеюм, нишондоди шоҳидон, далелҳои хаттӣ ва шайъӣ, сабтҳои овоз ва видео, хулосаи коршиносони судӣ ба даст оварда шавад. Ба сифати далел истифода намудани сабти видеоии баёноти шахсони иштироккунандаи парванда, инчунин шахсони дигар, ки дар баррасии парвандаҳо дар судҳо бо тартиби пешбининамудаи моддаи 158(1) Кодекси мазкур гирифта шудааст, иҷозат дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1930).
3. Маълумот оид ба фактҳое, ки бо вайрон кардани қонун дастрас шудаанд, далел ба ҳисоб намеравад ва ҳалнома наметавонад ба онҳо асос ёбад.
Моддаи 58. Ӯҳдадории исбот
1. Ҳар яке аз тарафҳо ӯҳдадоранд он ҳолатҳоеро исбот кунанд, ки ҳамчун асоси талабот ва норозигии худ ҳангоми аз ҷониби тарафи дигар мавриди баҳс қарор гирифтани ин ҳолат ба он истинод менамояд, агар дар қонун тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад. Тарафе, ки ӯҳдадории худро оид ба исботи ягон ҳолат иҷро намекунад, оқибати ногувори исбот накардани ин ҳолатҳоро ба зимма дорад.
2. Тасдиқ намудани ягон ҳолати парванда аз ҷониби яке аз тарафҳо, ки онро тарафи дигар мавриди баҳс қарор надодааст, эътирофшуда ба ҳисоб рафта, баҳсталаб намебошад ва тарафҳоро аз исбот кардани ин ҳолат озод менамояд.
3. Тасдиқи тараф инчунин дар ҳолате эътирофшуда ба ҳисоб меравад, ки агар тарафи дигар онро мавриди баҳс қарор дода, аммо барои исботи он далелҳои мушаххас пешниҳод накарда бошад. Аз ҷониби як тараф мавриди баҳс қарор додани тасдиқи тарафи дигар бе пешниҳоди далелҳо, танҳо дар ҳолате имконпазир аст, ки агар мавзӯи тасдиқ факте бошад, ки бо амали худ ба тарафи баҳскунанда алоқаманд нест ва мавзӯи дарки шахсии ӯ намебошад.
4. Ҳолатҳои барои ҳалли дурусти парванда аҳамиятдоштаро суд дар асоси талабот ё норозигии шахсони иштирокчии парванда мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқи моддии татбиқшаванда муайян менамояд.
5. Шахсони ҳуқуқӣ, инчунин мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ба манфиати тасдиқ, ҳифз ва химояи ҳуқуқҳои худ, ки ҳангоми бастани шартнома, тағйир додани шартҳои он ё бекор кардани шартнома, анҷом додани дигар аҳдҳо, ҳангоми барасмиятдарории ҳуқуқи моликият, ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ, бақайдгирии шахси ҳуқуқӣ ё шаҳрванд ба сифати соҳибкор, ситонидани ҷарима, аз ҳисоб баровардани воситаҳои пулӣ бо тартиби бебаҳс ва ҳангоми анҷом додани дигар амали аз нигоҳи ҳуқуқӣ аҳамиятнок ба миён омадаанд, ӯҳдадоранд амали иҷрокарда ё радди иҷрои онро дар шакли ҳуҷҷате асоснок кунанд, ки ҷавобгӯи талаботи қонун, стандартҳо, намунаҳои тасдиқгардида, амалияи маъмулии муомилоти корӣ, бо таъмини реквизитҳои барои чунин ҳуҷҷатҳо зарурӣ - бланкаи фирмавӣ, санаи таҳия ё имзои ҳуҷҷат, асли будани имзои шахси мансабдор ё намоянда, мӯҳр, тартиби муқарраргардидаи дӯхт ва ҳисоби варақаҳои ҳуҷҷатҳо, бақайдгирии ҳуҷҷатҳо дар дафтари баҳисобгирии ҳуҷҷатҳо ё шартномаҳо мебошанд.
6. Ҳангоми вайрон кардани талаботи дахлдори тасдиқи далелҳо ва гум кардани нусхаи аслии ҳуҷҷат аз ҷониби иштирокчиёни мурофиаи маданӣ оқибатҳои ногувори исбот нашудани тасдиқи тарафҳо оид ба ҳолатҳои воқеии парванда ба зиммаи тараф ё шахси дигари иштирокчии парванда гузошта мешавад, ки метавонист ё мебоист то оғози мурофиаи судӣ худро бо далелҳои саҳеҳ ва бешубҳа таъмин намояд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
Моддаи 59. Ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон, шахсони ҳуқуқӣ ва давлат ҳангоми исбот
1. Ҳангоми исбот амалҳои мурофиавие, ки ба ҳаёт, саломатӣ, эътибори шахсии шаҳрвандон метавонад зарар расонанд, қадру номуси шаҳрвандон ва эътибори кории шахси ҳуқуқиро паст мезананд, иҷозат дода намешаванд.
2. Суд барои махфӣ нигоҳ доштани маълумот оид ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон, инчунин маълумоти дорои сирри тиҷоратӣ тадбирҳо меандешад. Шахсони иштирокчии парванда ва дигар шахсони ҳангоми гузаронидани амалҳои мурофиавӣ ҳузурдошта, ки дар ҷараёни он мумкин аст чунин маълумот ошкор гардад, аз масъулияти ифшои чунин маълумот огоҳ карда мешаванд.
3. Азназаргузаронӣ ва таҳқиқи ҳуҷҷатҳо ё ашёи дорои сирри давлатӣ мувофиқи таъиноти суд анҷом дода мешавад. Вақт, маҳал, шарти гузаронидани амалҳои мурофиавӣ ҷиҳати азназаргузаронӣ, таҳқиқи ҳуҷҷатҳо ва ашёи дорои сирри давлатиро суд муайян менамояд.
Моддаи 60. Пешниҳод ва талаб карда гирифтани далелҳо
1. Далелҳо аз ҷониби тарафҳо ва дигар шахсони иштирокчии парванда пешниҳод карда мешаванд. Суд ҳуқуқ дорад ба тарафҳо ва дигар шахсони иштирокчии мурофиа пешниҳоди далелҳои иловагиро тавсия диҳад. Дар ҳолате ки пешниҳоди далелҳои зарурӣ барои онҳо мушкил бошад, суд мутобиқи дархости онҳо дар ҷамъоварӣ ва талаб карда гирифтани далелҳо мусоидат менамояд.
2. Дар дархост оид ба талаб карда гирифтани далелҳо бояд далелҳо, инчунин дигар ҳолатҳое, ки барои баррасӣ ва ҳалли дурусти парванда аҳамият доранд, метавонанд бо он тасдиқ ё рад карда шаванд, сабабҳое, ки ба гирифтани далелҳо монеъ шудаанд, маҳалли ҷойгиршавии онҳо зикр гардад. Суд ба тараф барои гирифтани далелҳо дархост медиҳад ё бевосита далелҳоро талаб мекунад. Шахсе, ки далелҳои талабнамудаи суд дар ихтиёраш мебошад, онро бевосита ба суд мефиристонад ё ба шахсе, ки ҷиҳати пешниҳоди он ба суд дархости дахлдор дорад, месупорад.
3. Шахсони мансабдор ва шаҳрвандоне, ки барои пешниҳоди далели талабнамуда имконият надоранд ё наметавонанд дар мӯҳлати муқаррарнамудаи суд онро ба тарафҳо ё ба суд пешниҳод кунанд, бояд дар ин хусус дар мӯҳлати панҷ рӯз аз рӯзи гирифтани талабнома бо зикри сабабҳо судро огоҳ созанд. Ҳангоми огоҳ накардан, инчунин агар дархости суд дар хусуси пешниҳоди далелҳо ба тарафҳо ё ба суд бо сабабҳои узрнок эътирофнакардаи суд иҷро нашуда бошад, ба шахси мансабдор ё шаҳрванд, ки иштирокчии парванда намебошад, ба андозаи то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима баста мешавад.
4. Ҷарима бастани шахсони дахлдори мансабдор ва шаҳрвандоне, ки далелҳои талабшударо доранд, онҳоро аз ӯҳдадории ба суд пешниҳод намудани ин далелҳо озод намекунад.
Моддаи 61. Азназаргузаронӣ ва таҳқиқи далелҳо дар маҳалли ҷойгиршавии онҳо
1. Суд метавонад азназаргузаронӣ ва таҳқиқи далелҳои хаттӣ ё шайъиро дар маҳалли нигаҳдошт ё ҷойгиршавии онҳо анҷом диҳад, дар сурате ки овардани онҳо ба суд имконнопазир ё мушкил бошад.
2. Азназаргузаронӣ ва таҳқиқи далелҳоро суд бо огоҳонидани шахсони иштирокчии парванда анҷом медиҳад, аммо ҳозир нашудани онҳо барои азназаргузаронӣ ва таҳқиқи далелҳо монеа шуда наметавонад. Ҳангоми зарурат ҷиҳати иштирок дар азназаргузаронӣ ва таҳқиқи далелҳо метавонанд коршиносони судӣ, мутахассисон ва шоҳидон даъват карда шаванд.
3. Ҳангоми азназаргузаронӣ ва таҳқиқи далелҳо дар маҳалли ҷойгиршавии онҳо протокол тартиб дода мешавад.
Моддаи 62. Дахлдории далелҳо
Суд танҳо он далелҳоро қабул менамояд, ки барои парванда аҳамият доранд.
Моддаи 63. Ҷоизии далелҳо
Ҳолатҳои парванда, ки бояд мутобиқи қонун бо воситаҳои муайяни исбот тасдиқ гарданд, бо ҳеҷ воситаҳои дигари исбот тасдиқ шуда наметавонанд.
Моддаи 64. Асосҳои озод кардан аз исбот
1. Ҳолатҳое, ки суд онҳоро умумимаълум эътироф кардааст, ба исбот эҳтиёҷ надоранд.
2. Ҳолатҳое, ки бо санади эътибори қонунӣ пайдокардаи судӣ оид ба парвандаҳои маданӣ, оилавӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии қаблан баррасигардида муқаррар шудаанд, барои суд ҳатмӣ буда, онҳо ҳангоми баррасии дигар парвандаҳои маданӣ ва оилавӣ, ки дар он ҳамин шахсон иштирок менамоянд, аз нав исбот карда намешаванд ё мавриди баҳс қарор намегиранд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1987).
3. Санади эътибори қонунӣ пайдокардаи судӣ оид ба парвандаи иқтисодии қаблан баррасигардида барои суди юрисдиксияи умумӣ, ки парвандаҳои маданӣ ва оилавиро баррасӣ мекунад, ҳатмӣ буда, оид ба ҳолатҳое, ки бо санади судии суди иқтисодӣ муқаррар карда шудаанд, ҳангоми баррасии парвандаи дигар, ки дар он ҳамин шахсон иштирок менамоянд, аз нав исбот карда намешавад ё мавриди баҳс қарор намегирад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1987). 
4. Санади эътибори қонунӣ пайдокардаи суд оид ба парвандаи ҷиноятӣ барои суди баррасикунандаи парванда оид ба оқибатҳои маданию ҳуқуқии амали шахсе, ки нисбати ӯ санади судӣ дар хусуси оё чунин амалҳо ҷой доштанд ва ё онҳоро ҳамин шахс содир намудааст, бароварда шудааст, ҳатмӣ мебошад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1987, аз 03.01.2024 № 2022).
5. Ҳолатҳое, ки аз ҷониби нотариус ҳангоми ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ тасдиқ гардиданд, исботкуниро талаб намекунанд, агар асл будани ҳуҷҷати бо тариқи нотариалӣ тасдиқгардида бо тартиби пешбининамудаи моддаи 190 ҳамин Кодекс рад нагардида ё агар санади нотариалӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур бекор нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1817, аз 13.11.2023 № 1987).
Моддаи 65. Супориши судӣ
1. Суде, ки парвандаро баррасӣ мекунад, ҳангоми зарурати гирифтани далели дар дигар шаҳр ё ноҳия мавҷудбуда ба суди дахлдор супориши судӣ медиҳад, ки амали дахлдори мурофиавиро анҷом диҳад.
2. Дар таъинот оид ба супориши судӣ мӯҳтавои мухтасари парвандаи баррасишаванда ва маълумот оид ба тарафҳо, маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии онҳо, ҳолатҳое, ки бояд муайян карда шаванд, далелҳое, ки суди иҷрокунандаи супориши судӣ онҳоро бояд ҷамъ намояд, нишон дода шаванд. Ин таъинот барои суде, ки ба унвони он ирсол шудааст, ҳатмӣ буда, бояд дар мӯҳлати то як моҳ аз рӯзи гирифтан иҷро карда шавад.
Моддаи 66. Тартиби иҷрои супориши судӣ
1. Иҷрои супориши судӣ дар маҷлиси судӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс анҷом дода мешавад. Шахсони иштирокчии парванда аз вақт ва маҳалли баргузории маҷлиси судӣ огоҳ карда мешаванд, аммо ҳозир нашудани онҳо барои иҷрои супориши судӣ монеа шуда наметавонад. Протоколҳо ва ҳамаи далелҳои ҳангоми иҷрои супориши судӣ ҷамъоваришуда фавран ба суде ирсол мегардад, ки парвандаро моҳиятан баррасӣ менамояд.
2. Агар шахсони иштирокчии парванда, шоҳидон ё коршиносони судие, ки ба суди супориши судиро иҷрокарда баёнот, нишондод ё хулоса додаанд, ба суди парвандаро баррасикунанда ҳозир шаванд, онҳо бо тартиби умумӣ баёнот, нишондод ва хулоса медиҳанд.
Моддаи 67. Таъмини далелҳо
1. Агар шахсони иштирокчии парванда шубҳа дошта бошанд, ки пешниҳоди далелҳои зарурӣ барояшон имконнопазир ё душвор мегардад, метавонанд таъмини ин далелҳоро аз суд хоҳиш кунанд.
2. То оғози баррасии парванда дар суд далелҳоро нотариусҳо ё шахсони мансабдори муассисаҳои консулӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун таъмин менамоянд.
Моддаи 68. Ариза оид ба таъмини далелҳо
1. Ариза ба суде, ки парвандаро баррасӣ менамояд ё дар ҳудуди фаъолияти он бояд оид ба таъмини далелҳо амалҳои мурофиавӣ сурат гиранд, пешниҳод карда мешавад.
2. Дар ариза оид ба таъмини далелҳо мӯҳтавои парвандаи баррасишаванда, маълумот оид ба тарафҳо, маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии онҳо, далелҳое, ки таъмини онҳо зарур аст, ҳолатҳое, ки барои тасдиқи онҳо ин далелҳо заруранд, сабабҳое, ки аризадиҳандаро маҷбур сохтааст оид ба таъмини далелҳо бо хоҳиш муроҷиат намояд, бояд зикр шаванд.
Моддаи 69. Тартиби таъмини далелҳо
1. Таъмини далелҳо аз ҷониби судя тибқи қоидаҳои таҳқиқи онҳо, ки ҳамин Кодекс муқаррар намудааст, анҷом дода мешаванд.
2. Протоколҳо ва далелҳои тибқи тартиби таъмини даъво ҷамъоваришуда бо огоҳонии шахсони иштирокчии парванда ба суди баррасикунандаи парванда супорида мешаванд.
3. Агар таъмини далелҳоро суде анҷом диҳад, ки парвандаро баррасӣ намекунад, қоидаҳои моддаҳои 66 ва 67 ҳамин Кодекс татбиқ мегарданд.
Моддаи 70. Баҳодиҳии далелҳо
1. Суд ба далелҳо аз рӯи эътимоди ботинии худ баҳо медиҳад, ки он ба таҳқиқи ҳамаҷониба, пурра, объективона ва бевоситаи далелҳои дар парванда мавҷуда асос меёбад.
2. Ҳеҷ яке аз далелҳо барои суд дорои эътибори қаблан муқарраргардида намебошад.
3. Суд дахлдорӣ, ҷоизӣ, саҳеҳии ҳар як далелро дар алоҳидагӣ, инчунин басандагӣ ва алоқаи мутақобилаи ин далелҳоро дар маҷмӯъ баҳо медиҳад.
4. Суд ӯҳдадор аст натиҷаҳои баҳодиҳии далелҳоро дар ҳалнома дарҷ намояд, ки дар он асосҳо барои қабули баъзе далелҳо чун воситаи асосноккунии хулосаи суд қабул гардида, дигар далелҳоро суд рад намудааст, инчунин асосҳое, ки мутобиқи онҳо ба як далел нисбат ба далели дигар афзалият дода шудааст, зикр мегарданд.
5. Далелҳоро суд ҳангоме саҳеҳ эътироф менамояд, ки агар дар натиҷаи таҳқиқ, муқоиса бо дигар далелҳо муайян гардад, ки маълумоти дар он мавҷуда ба ҳақиқат мувофиқанд.
6. Ҳангоми баҳодиҳии саҳеҳии ҳуҷҷатҳо ва дигар далелҳои хаттӣ суд бояд бо назардошти дигар далелҳо эътимод дошта бошад, ки ҳуҷҷат ва дигар далелҳои хаттӣ аз мақомоте пешниҳод шудаанд, ки барои додани чунин навъи далелҳо ваколатдоранд, аз ҷониби шахсе имзо шудааст, ки ҳуқуқ дорад ба ин ҳуҷҷатҳо имзо гузорад, дорои ҳамаи дигар реквизитҳое мебошад, ки барои чунин навъи далелҳо заруранд.
7. Ҳангоми баҳодиҳии саҳеҳии нусхаи ҳуҷҷат ё дигар далелҳои хаттӣ суд месанҷад, ки оё ҳангоми нусхабардорӣ дар мазмуни нусхаи ҳуҷҷат нисбат ба асли он тағйирот ба миён наомадааст, нусхабардорӣ бо кадом усули техникӣ сурат гирифтааст, оё ҷараёни нусхабардорӣ барои аёнияти нусха ва манбаи аслӣ кафолат медиҳад, нусхаи ҳуҷҷат бо чӣ усул нигоҳ дошта мешавад.
8. Суд наметавонад ҳолатро исботшуда ҳисоб кунад, агар он танҳо бо нусхаи ҳуҷҷат ё дигар далели хаттӣ тасдиқ гардида, асли ҳуҷҷатҳо гум шуда ё ба суд пешниҳод нашуда бошад ва нусхаи ин ҳуҷҷатҳое, ки тарафҳои баҳс пешниҳод кардаанд, якхела нестанд ва муқаррар намудани мӯҳтавои воқеии манбаи аслӣ бо кӯмаки дигар далелҳо имконнопазир мебошад.
Моддаи 71. Баёноти тарафҳо ва шахсони сеюм
1. Баёноти тарафҳо ва шахсони сеюм оид ба ҳолатҳои барояшон маълум ва барои ҳалли дурусти парванда аҳамиятдошта дар баробари дигар далелҳо бояд санҷида ва якҷоя баҳо дода шаванд. Агар тарафе, ки ӯҳдадор аст талабу норозигии худро исбот намояд, далелҳои доштаашро ба суд пешниҳод накунад, суд ҳуқуқ дорад хулосаи худро бо баёноти тарафи дигар асоснок кунад.
2. Аз ҷониби як тараф эътироф намудани ҳолате, ки тарафи дигар талабот ё норозигии худро бо он асоснок мекунад, хамин тарафро аз зарурати исботи минбаъдаи ин ҳолат озод менамояд. Эътирофи тарафҳо ва шахсони сеюм дар протоколи маҷлиси судӣ дарҷ карда мешавад. Агар эътироф дар аризаи хаттӣ изҳор шуда бошад, он ба маводи парванда замима мегардад.
3. Тарафе, ки натавонистааст бо воситаҳои исбот дар ҳаҷми пурра талабот ва норозигии худро исбот кунад, ҳуқуқ дорад ба суд барои пурсиши тарафи муқобил вобаста ба ҳолатҳое, ки бояд исбот шаванд, бо дархост муроҷиат намояд.
4. Агар тарафи дигар аз додани баёнот саркашӣ кунад ё далели талабнамудаи судро пешниҳод накунад, суд бо дарназардошти ҳамаи ҳолатҳои парванда ва сабабҳои саркашӣ намудан мутобиқи эътимоди ботинии худ оид ба саҳеҳии ин далелҳо қарор қабул мекунад.
Моддаи 72. Нишондоди шоҳид
1. Шоҳид шахсе мебошад, ки ин ё он маълумотро доир ба ҳолатҳои барои парванда аҳамиятдошта медонад. Маълумоте, ки шоҳид баён намудааст, аммо наметавонад манбаи онро зикр кунад, далел ба ҳисоб намеравад.
2. Шахсе, ки дар хусуси даъвати шоҳид дархост намудааст, бояд нишон диҳад, ки шоҳид кадом ҳолатҳои барои парванда аҳамиятдоштаро метавонад тасдиқ кунад ва ба суд оид ба насаб, ном, номи падар ва маҳалли истиқомати ӯ маълумот пешниҳод намояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871).
3. Ба сифати шоҳид наметавонанд пурсида шаванд:
- шахсоне, ки вобаста ба ноқисии ҷисмонӣ ё рӯҳӣ наметавонанд далелҳоро саҳеҳ дарк намоянд ё дар хусуси онҳо нишондоди дуруст диҳанд;
- намояндагон оид ба парвандаи маданӣ, ҳимоягарон оид ба парвандаи ҷиноятӣ - дар хусуси ҳолатҳое, ки барояшон вобаста ба иҷрои ӯҳдадории намоянда ё ҳимоягар маълум гардидаанд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022);
- судяҳо, машваратчиёни халқӣ - оид ба масъалаҳое, ки дар хонаи алоҳида ва ё машваратӣ вобаста ба муҳокимаи ҳолатҳои парванда ҳангоми қабули ҳалнома, таъинот ё ҳукм ба миён омадаанд;
- ходимони ташкилотҳои диние, ки аз қайди давлатӣ гузаштаандоид ба ҳолатҳое, ки ҳангоми омурзиши шахсони омурзишгар барояшон маълум гардидааст.
4. Шахсони зерин ҳуқуқ доранд аз додани нишондод ба сифати шоҳид даст кашанд:
- шаҳрванд ба муқобили худ;
- ҳамсар ба муқобили ҳамсар, фарзандон ба муқобили падару модар ва падару модар ба муқобили фарзандон;
- бародарону хоҳарон бар зидди ҳамдигар, бобо ва бибӣ ба муқобили набераҳо ва набераҳо ба муқобили бобо ва бибӣ;
- вакилони мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ - оид ба маълумоте, ки вобаста ба иҷрои вазифаҳои вакилӣ барояшон маълум гардидааст.
Моддаи 73. Ӯҳдадорӣ ва ҳуқуқҳои шоҳид
1. Шахси ба сифати шоҳид даъватшуда ӯҳдадор аст дар вақти муайянгардида ба суд ҳозир шавад ва нишондоди ҳаққонӣ диҳад. Шоҳид мумкин аст аз ҷониби суд дар маҳалли ҷойгиршавии ӯ пурсида шавад, агар ӯ бо сабаби беморӣ, пиронсолӣ, маъюбӣ ё дигар сабабҳои узрнок ба суд ҳозир шуда натавонад.
2. Барои дидаю дониста додани нишондоди бардурӯғ ё саркашӣ кардан аз додани нишондод дар суд мутобиқи асосҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст, шоҳид тибқи муқаррароти пешбининамудаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
3. Шоҳид ба ҷуброни хароҷоти даъват ба суд ва гирифтани ҷубронпулӣ барои сарфи вақт ҳуқуқ дорад. Андозаи ҷубронпулӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 74. Далелҳои хаттӣ
1. Далелҳои хаттӣ маълумот оид ба ҳолатҳоеро дар бар мегиранд, ки барои парванда аҳамият доранд: ҳуҷҷатҳо, санадҳо, шартномаҳо, маълумотномаҳо, муросилоти корӣ, дигар ҳуҷҷат ва маводе, ки дар шакли шифоҳӣ, рақамӣ, сабтҳои графикӣ, аз ҷумла тавассути алоқаи факсимилӣ, электронӣ, тавассути истифодаи шабакаи интернет ё дигар навъи алоқа ё ба таври дигар гирифташуда, ки имконият медиҳад мазмуни ҳуҷҷат муқаррар карда шавад. Ба далелҳои хаттӣ ҳукм ва ҳалнома, дигар санадҳои судӣ, протоколҳои анҷом додани амалҳои мурофиавӣ, протоколҳои маҷлисҳои судӣ, замимаҳо ба протоколҳои анҷом додани амалҳои мурофиавӣ нақшаҳо, харитаҳо, барномаҳо, ҷадвалҳо дохил мешаванд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1930).
2. Далелҳои хаттӣ дар шакли асл ё дар шакли нусхаи ба таври дахлдор тасдиқгардида пешниҳод карда мешаванд. Агар ба парвандаи баррасишаванда як қисми ҳуҷҷат дахл дошта бошад, иқтибоси тасдиқгардидаи он пешниҳод карда мешавад. Асли ҳуҷҷатҳо ҳангоме пешниҳод мегарданд, ки агар ҳолатҳои парванда мутобиқи қонун ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд танҳо ба воситаи ин ҳуҷҷатҳо тасдиқ карда шаванд, агар ҳалли парванда бе ҳуҷҷатҳои асл имконнопазир бошад ва агар нусхаи ҳуҷҷатҳое пешниҳод шуда бошанд, ки бо мӯҳтавои худ фарқ мекунанд, инчунин дар ҳолатҳое, ки аслӣ будани ҳуҷҷат баҳснок аст.
3. Нусхаи далелҳои хаттие, ки аз тарафи шахси иштирокчии парванда ба суд пешниҳод гардидааст аз ҷониби ӯ ба дигар шахси иштирокчие, ки ин ҳуҷҷатҳоро надорад, фиристонида (супорида) мешавад. Агар нусхаи ҳуҷҷатҳо ба суд дар шакли электронӣ пешниҳод гардида бошанд, суд метавонад пешниҳоди нусхаи аслии ин ҳуҷҷатҳоро талаб намояд. Нусхаи далелҳои хаттие, ки суд бо ташаббуси худ талаб карда гирифтааст, ба шахсони иштирокчии парванда, ки ин далелҳоро надоранд, супорида мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1930).
4. Ҳуҷҷате, ки дар давлати хориҷӣ мутобиқи қонунҳои амалкунандаи он гирифта шудааст, дар суд далели хаттӣ эътироф мегардад, агар  он тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ (легализатсия) карда ё ба он апостил гузошта шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1309).
5. Ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ дар суд тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, бидуни барасмиятдарории онҳо далелҳои хаттӣ эътироф мегарданд. Ин ҳуҷҷатҳо бо тарҷумаи забони давлатӣ ба тариқи нотариалӣ тасдиқгардида бояд пешниҳод карда шаванд.
Моддаи 75. Баргардонидани далелҳои хаттӣ
1. Далелҳои хаттии дар парванда мавҷуда бо хоҳиши шахсони пешниҳоднамудаи ин далелҳо баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома ба онҳо баргардонида мешаванд. Ҳамзамон дар парванда нусхаи далелҳои хаттии аз ҷониби судя тасдиқгардида боқӣ мемонад.
2. Агар суд имконпазир донад, метавонад то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома далелҳои хаттиро ба шахсоне, ки онҳоро пешниҳод намудаанд, баргардонад.
Моддаи 76. Далелҳои шайъӣ
Далелҳои шайъӣ ашёе мебошанд, ки бо намуди зоҳирии худ, хосият, маҳалли ҷойгиршавӣ ё дигар нишонаҳо метавонанд ҳамчун воситаи муайян намудани ҳолатҳои барои парванда аҳамиятдошта истифода шаванд.
Моддаи 77. Нигаҳдории далелҳои шайъӣ
1. Далелҳои шайъӣ дар суд нигоҳ дошта мешаванд.
2. Ашёе, ки ба суд оварданаш имконнопазир аст, дар маҳалли ҷойгиршавии он ё дар маҳалли дигаре, ки суд муайян менамояд, нигоҳ дошта мешавад. Он бояд аз ҷониби суд аз назар гузаронида шуда, дар протоколи судӣ муфассал дарҷ гардад ва ҳангоми зарурат аксбардорӣ карда ва мӯҳр гузошта шавад. Суд ва нигаҳдоранда ҷиҳати ҳифзи бетағйири далелҳои шайъӣ тадбирҳо меандешанд.
3. Хароҷоти вобаста ба нигаҳдории далелҳои шайъӣ байни тарафҳо мутобиқи моддаи 100 ҳамин Кодекс тақсим карда мешавад.
Моддаи 78. Азназаргузаронӣ ва таҳқиқи далелҳои шайъие, ки зуд вайрон мешаванд
1. Азназаргузаронӣ ва таҳқиқи далелҳои шайъии зудвайроншавандаро суд дар маҳалли ҷойгиршавии онҳо ё дар маҳалли дигаре, ки суд муайян мекунад, фавран анҷом дода, баъд ба шахсе, ки онҳоро барои азназаргузаронӣ пешниҳод намудааст, бармегардонад ё ба ташкилоте, ки метавонад онҳоро тибқи таъиноташ истифода барад, супорад. Ҳангоми супоридани далелҳои шайъии зудвайроншаванда ба ташкилоте, ки метавонад онҳоро мувофиқи таъиноташ истифода барад, ба соҳиби ашё мумкин аст ашёи ҳамон навъ, дорои ҳамон сифат ё арзиши онҳо баргардонида шавад.
2. Оид ба вақт ва маҳалли азназаргузаронӣ ё таҳқиқи чунин далелҳои шайъӣ шахсони иштирокчии парванда, агар онҳо ба маҳалли ҷойгиршавии ин далели шайъӣ дар лаҳзаи азназаргузаронӣ ҳозир шуда тавонанд, огоҳ карда мешаванд. Ҳозир нашудани шахсони огоҳшудаи иштирокчии парванда барои азназаргузаронӣ ва таҳқиқи далелҳои шайъӣ монеа шуда наметавонад.
3. Маълумот дар хусуси азназаргузаронӣ ва таҳқиқи далелҳои шайъии зудвайроншаванда дар протокол дарҷ мегардад.
Моддаи 79. Ихтиёрдории далелҳои шайъӣ
1. Далелҳои шайъӣ баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома ба шахсоне, ки аз онҳо гирифта шудаанд, баргардонида ё ба шахсоне супорида мешаванд, ки суд ҳуқуқи онҳоро ба ин ашё эътироф кардааст ё тибқи тартиби муқаррарнамудаи суд ба фурӯш бароварда мешаванд.
2. Ашёе, ки мутобиқи қонун наметавонад мавриди ихтиёри шаҳрванд қарор дошта бошад, ба ташкилотҳои дахлдор супорида мешавад.
3. Суд далелҳои шайъиро баъди азназаргузаронӣ ва таҳқиқ метавонад то анҷоми мурофиа ба шахсоне, ки аз онҳо гирифта шудаанд, баргардонад, агар ин шахсон дар ин бора дархост карда бошанд ва қонеъгардонии чунин дархост барои ҳалли дурусти парванда монеа шуда натавонад.
4. Суд оид ба масъалаҳои ихтиёрдории далелҳои шайъӣ таъинот қабул мекунад, ки нисбат ба он шахсони иштирокчии парванда метавонанд шикояти хусусӣ пешниҳод намоянд.
Моддаи 80. Сабти овоз ва видео
1. Шахсе, ки сабти овоз ё видеоро дар ҳомили электронӣ ё дигар ҳомил пешниҳод кардааст ё дар мавриди талаб карда гирифтани он дархост намудааст, бояд зикр кунад, ки ин сабт кай, аз ҷониби кӣ ва дар кадом шароит анҷом дода шудааст.
2. Сабти овоз ё видео, ки бо роҳи пинҳонӣ ба даст оварда шудааст, ба истиснои ҳолатҳое, ки чунин сабтро қонун иҷозат медиҳад, наметавонад ба сифати далел истифода бурда шавад.
Моддаи 81. Нигаҳдорӣ ва баргардонидани ҳомили сабти овоз ва видео
1. Ҳомили сабти овоз ва видео дар суд нигоҳ дошта мешавад. Суд ҷиҳати бетағйир нигоҳ доштани он тадбирҳо меандешад.
2. Дар ҳолатҳои истисноӣ, баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома, ҳомили сабти овоз ва видео метавонад ба шахс ё ташкилоте, ки онро пешниҳод кардааст, баргардонида шавад.
3. Суд оид ба масъалаҳои баргардонидани ҳомили сабти овоз ва видео таъинот қабул мекунад, ки нисбат ба он шахсони иштирокчии парванда метавонанд шикояти хусусӣ пешниҳод намоянд.
Моддаи 82. Таъини экспертиза ва коршиноси судӣ
1. Ҷиҳати тавзеҳи масъалаҳои ҳангоми баррасии парванда бамиёномада, ки донишҳои махсусро дар соҳаи илм, санъат, техника ё касбҳои мухталиф тақозо мекунад, суд бо ташаббуси худ ё тибқи дархости тарафҳо ё дигар шахсони иштирокчии парванда экспертиза ва барои гузаронидани он коршиноси судиро таъин намуда, дар ин бора таъинот қабул мекунад. Гузаронидани экспертиза метавонад ба зиммаи як коршиноси судӣ, гурӯҳи коршиносони судӣ ё муассисаи судии экспертӣ гузошта шавад.
2. Ҳар кадоме аз тарафҳо ва дигар шахсони иштирокчии парванда ҳуқуқ доранд ба суд саволҳое пешниҳод кунанд, ки онро бояд коршиноси судӣ тавзеҳ диҳад. Доираи ниҳоии саволҳоеро, ки оид ба онҳо хулосаи коршиноси судӣ зарур мебошад, суд муайян менамояд. Оид ба саволҳои пешниҳодшудае, ки рад гардидаанд, суд таъиноти асоснок қабул мекунад.
3. Тарафҳо, дигар шахсони иштирокчиёни парванда ҳуқуқ доранд:
- аз суд хоҳиш намоянд, ки аз ҷумлаи шахсони зикрнамудаи онҳо ё ташкилотҳои махсусгардонидашуда коршиноси судиро таъин намояд;
- ба коршиноси судӣ саволҳо пешниҳод намоянд;
- бо таъинот оид ба таъини экспертиза ва саволҳои дар он тартибдодашуда, инчунин бо хулосаи коршиноси судӣ шинос шаванд;
- ба суд бо дархост дар хусуси таъин намудани экспертизаи комплексӣ, такрорӣ, иловагӣ ё комиссионӣ муроҷиат кунанд.
4. Агар тараф аз иштирок дар гузаронидани экспертиза саркашӣ намояд ё ба гузаронидани он монеа шавад (ба экспертиза ҳозир нашавад, ба коршиносони судӣ ашёи барои таҳқиқ заруриро пешниҳод накунад) ва мутобиқи ҳолати парванда бе иштироки ин тараф гузаронидани экспертиза ғайриимкон бошад, дар ин сурат суд вобаста ба он ки кадом тараф аз экспертиза саркашӣ менамояд, ба зиммаи вай ӯҳдадории исботи факти баҳснокро вогузор менамояд.
Моддаи 83. Мазмуни таъинот оид ба таъини экспертиза ва коршиноси судӣ
1. Дар таъинот оид ба таъини экспертиза ва коршиноси судӣ маълумотҳои зерин зикр мегарданд:
- номи суд, насаб, ном ва номи падари судя ва санаи таъини экспертиза (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- насаб, ном ва номи падари тарафҳо вобаста ба парвандаи баррасишаванда (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- номи экспертиза, фактҳое, ки барои тасдиқ ё рад намудани онҳо экспертиза таъин гардидааст;
- саволҳои дар назди коршиноси судӣ гузошташуда, насаб, ном ва номи падари коршиноси судӣ ё номи муассисаи экспертие, ки ба он гузаронидани экспертиза супориш дода шудааст (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- насаб, ном ва номи падари шахси пардохткунандаи музди экспертизаи давлатии судӣ (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- маводе, ки ба коршиноси судӣ ирсол мегардад, мӯҳлате, ки дар ҷараёни он бояд экспертиза гузаронида шавад ва ба суд хулоса пешниҳод гардад.
2. Дар таъинот ҳамчунин зикр мегардад, ки барои дидаю дониста пешниҳод кардани хулосаи бардурӯғ суд коршиноси судиро ё роҳбари муассисаи экспертие, ки корманди ҳамин муассиса экспертизаро мегузаронад, дар хусуси чавобгарии пешбининамудаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ менамояд.
Моддаи 84. Гирифтани намунаҳои тарзи навишт (хат) барои муқоисаи таҳқиқии ҳуҷҷати хаттӣ ва имзоҳо дар ҳуҷҷат
1. Дар сурати таҳти баҳс қарор додани имзои аслӣ дар ҳуҷҷат ё дигар далелҳои хаттӣ аз ҷониби шахсе, ки ҳуҷҷатро имзо намудааст, суд ҳуқуқ дорад бо розигии ҳамин шахс намунаи тарзи навиштро барои таҳқиқи минбаъдаи муқоисавӣ ба даст орад. Ҳангоми зарурати гирифтани намунаи тарзи навишт (хат) таъинот қабул карда мешавад (Қонуни ҶТ аз  2.01.2018 № 1474).
2. Гирифтани намунаи тарзи навиштро (хатро) суд метавонад бо иштироки мутахассис анҷом диҳад.
3. Дар хусуси гирифтани намунаи тарзи навишт (хат) протокол тартиб дода мешавад, ки дар он сана, вақт, маҳал ва шарти гирифтани намунаи тарзи навишт (хат) инъикос мегардад. Протоколро судя, шахсе, ки аз ӯ намунаи тарзи навишт (хат) гирифта шудааст ва мутахассис, агар ӯ ҳангоми анҷоми ин амали мурофиавӣ иштирок дошта бошад, имзо мегузоранд.
Моддаи 85. Экспертизаи комплексӣ
1. Экспертизаи комплексиро суд ҳангоме таъин менамояд, ки агар муқаррар намудани ҳолати воқеӣ оид ба парванда ҳамзамон гузаронидани таҳқиқро бо истифодаи соҳаҳои мухталифи дониш ё бо истифодаи самтҳои мухталифи илмӣ дар доираи як соҳаи дониш тақозо намояд.
2. Экспертизаи комплексӣ ба зиммаи якчанд коршиносони судӣ гузошта мешавад. Оид ба натиҷаҳои экспертизаи гузаронидашуда коршиносони судӣ хулосаи муштараки худро вобаста ба ҳолатҳои воқеӣ ҷамъбаст намуда, онро дар хулосаи умумӣ инъикос менамоянд, ки аз ҷониби ҳамаи коршиносони судӣ имзо гузошта мешавад.
3. Коршиносони судие, ки дар ҷамъбасти хулосаи умумӣ иштирок накардаанд ё бо он розӣ нестанд, танҳо ба қисми хулосаи таҳқиқнамудаи худ имзо мегузоранд.
Моддаи 86. Экспертизаи комиссионӣ
1. Экспертизаи комиссиониро суд барои муқаррар намудани ҳолатҳои воқеӣ вобаста ба як соҳаи дониш дар ҳайати ду ё якчанд коршиноси судӣ таъин менамояд.
2. Коршиносони судӣ байни худ машварат намуда, ба натиҷаи умумӣ меоянд, онро ҷамъбаст карда, хулосаи умумиро имзо мекунанд.
3. Коршиноси судие, ки бо хулосаи коршиноси судӣ ё дигар коршиносони судӣ розӣ намебошад, ҳуқуқ дорад оид ба ҳамаи саволҳо ё саволҳои алоҳидаи баҳснок хулосаи алоҳида пешниҳод кунад.
Моддаи 87. Тартиби гузаронидани экспертиза
1. Экспертизаро кормандони муассисаҳои экспертӣ бо супориши роҳбари муассиса ё дигар мутахассисон, ки суд супориш додааст, мегузаронанд. Гузаронидани экспертиза мумкин аст ба якчанд коршиносони судӣ супорида шавад.
2. Экспертиза дар маҷлиси судӣ гузаронида мешавад, агар вобаста ба хусусияти таҳқиқот зарур бошад ё ҳангоми ғайриимкон ё мушкил будани интиқоли мавод барои таҳқиқот гузаронидан дар маҷлиси судӣ, он гоҳ экспертиза берун аз маҷлиси судӣ гузаронида мешавад. Шахсони иштирокчии парванда ҳуқуқ доранд ҳангоми гузаронидани экспертиза иштирок кунанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки иштироки онҳо берун аз маҷлиси судӣ метавонад кори мӯътадили коршиносони судиро халалдор созад (Қонуни ҶТ аз  2.01.2018 № 1474).
Моддаи 88. Хулосаи коршиноси судӣ
1. Коршиноси судӣ дар шакли хаттӣ хулоса пешниҳод менамояд.
2. Хулоса бояд тафсилоти муфассали таҳқиқоти гузаронидашударо, ки дар натиҷаи хулосаҳо ва ҷавобҳо ба саволҳои пешниҳодкардаи суд ба даст омадаанд, дар бар гирад. Агар коршиноси судӣ ҳангоми гузаронидани экспертиза ҳолатҳоеро муқаррар кунад, ки барои парванда аҳамият доранд ва оид ба онҳо дар назди ӯ масъала гузошта нашудаанд, ҳуқуқ дорад натиҷаҳои ин ҳолатҳоро дар хулосаи худ дарҷ намояд (Қонуни ҶТ аз  2.01.2018 № 1474).
3. Хулосаи коршиноси судӣ дар маҷлиси судӣ таҳқиқ гардида, дар баробари дигар далелҳо баҳо дода мешавад.
Моддаи 89. Экспертизаи иловагӣ ё такрорӣ
1. Экспертизаи иловагӣ барои пурра намудани носаҳеҳӣ ва норасоиҳое, ки дар хулосаи коршиноси судӣ мавҷуданд, гузаронида мешавад.
2. Экспертизаи такрорӣ ҳангоме гузаронида мешавад, ки агар хулосаи коршиноси судӣ асоснок набошад, натиҷагирӣ шубҳанок бошад, маводи ба коршиноси судӣ пешниҳодшуда боэътимод эътироф нашуда бошад, байни хулосаҳои якчанд коршиносони судӣ ихтилофоти назар вуҷуд дошта бошад, инчунин ҳангоме, ки қоидаҳои гузаронидани экспертиза вайрон карда шуда бошанд.
БОБИ 7. ХАРОҶОТИ СУДӢ
Моддаи 90. Хароҷоти судӣ
1. Хароҷоти судӣ аз боҷи давлатӣ ва хароҷоти вобаста ба баррасии парванда иборат мебошад.
2. Андоза ва тартиби пардохти боҷи давлатӣ тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ" муайян карда мешавад.
Моддаи 91. Озод кардан аз пардохти боҷи давлатӣ, кам кардани андозаи он, ба таъхир андохтан ё ба давраҳо ҷудо кардани мӯҳлати пардохти боҷи давлатӣ
1. Ҳангоми баррасии парвандаҳо дар судҳои юрисдиксияи умумӣ озод кардан аз пардохти боҷи давлатӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ" сурат мегирад.
2. Нусхаи санадҳои судӣ ба тарафҳои иштирокчии парванда бо хоҳиши онҳо супорида мешавад ё дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс бе пардохти боҷи давлатӣ ирсол мегардад. Барои такроран додани нусхаи санади судӣ ба шахсони иштирокчии парванда боҷи давлатӣ пардохта мешавад.
3. Суд бо дарназардошти вазъи молу мулкии шаҳрванд метавонад ӯро аз пардохти боҷи давлатӣ озод кунад ё андозаи боҷи давлатиро кам кунад ё мӯҳлати пардохти боҷи давлатиро ба таъхир андозад ё ин мӯҳлатро ба давраҳо ҷудо намояд.
Моддаи 92. Нархи даъво
1. Нархи даъво чунин муайян карда мешавад:
- даъво оид ба ситонидани маблағи пулӣ - бо дарназардошти маблағҳои ситонидашаванда;
- даъво оид ба талаб карда гирифтани молу мулк - бо дарназардошти арзиши молу мулк;
- даъво оид ба ситонидани алимент - бо дарназардошти маҷмӯи маблағҳо дар як сол;
- даъво оид ба пардохтҳои фаврӣ ва додани маблағ - бо дарназардошти маҷмӯи тамоми пардохтҳо ё додани маблағ, аммо ба мӯҳлати на бештар аз се сол;
- даъво оид ба пардохтҳо ва додани маблағи бемӯҳлат ё якумрӣ - бо дарназардошти маҷмӯи пардохтҳо ё додани маблағ дар се сол;
- даъво оид ба кам ё зиёд кардани пардохтҳо ё додани маблағ - бо дарназардошти маблағе, ки пардохт ё додани маблағ кам ё зиёд карда мешавад, аммо на бештар аз як сол;
- даъво оид ба қатъ кардани пардохт ё додани маблағ - бо дарназардошти маҷмӯи маблағҳои боқимондаи пардохтҳо ва додани маблағ, аммо на бештар барои як сол;
- даъво оид ба пеш аз мӯҳлат бекор кардани шартномаи кирояи молу мулк - бо дарназардошти маҷмӯи пардохтҳо барои истифодаи молу мулк дар ҷараёни мӯҳлати боқимондаи амали шартнома, аммо на бештар аз се сол;
- даъво оид ба ҳуқуқ ба моликияти ғайриманқул, ки бо ҳуқуқи моликият ба шаҳрвандон тааллуқ дорад - бо дарназардошти арзиши объект, аммо на камтар аз арзиши инвентаризатсионӣ ва ҳангоми мавҷуд набудани он - на камтар аз нархи шартномаи суғурта ва барои объектҳои марбути ташкилот - на камтар аз арзиши балансии объект;
- даъвои дорои якчанд талаботи мустақил - бо дарназардошти ҳар як талабот дар алоҳидагӣ.
2. Нархи даъворо даъвогар муайян мекунад. Дар сурати баръало мутобиқат надоштани нархи зикршуда ба арзиши воқеии молу мулки талабшаванда нархи даъворо суд ҳангоми қабули аризаи даъвогӣ муайян менамояд ва дар ин хусус таъинот қабул мекунад.
Моддаи 93. Пардохти иловагии боҷи давлатӣ
1. Ҳангоми душвории муайян намудани нархи даъво дар рӯзи пешниҳоди он андозаи боҷи давлатиро суд пешакӣ муайян намуда, минбаъд боҷӣ давлатӣ иловатан, мутаносибан ба нархи даъвое, ки суд ҳангоми ҳалли парванда муайян кардааст, пардохта мешавад.
2. Дар сурати афзоиши андозаи талаботи даъво ҳангоми баррасии парванда маблағи боқимондаи боҷи давлатӣ аз ҷониби даъвогар вобаста ба андозаи афзудаи нархи даъво иловатан пардохта мешавад.
Моддаи 94. Баргардонидани боҷи давлатӣ
1. Боҷи давлатии пардохтшуда дар ҳолатҳои зерин баргардонида мешавад:
- пардохти барзиёди боҷ нисбат ба андозае, ки қонун муайян кардааст;
- рад намудани қабули ариза дар хусуси баровардани фармон тибқи асосҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 127 ҳамин Кодекс;
- рад намудани қабули ариза барои баррасӣ тибқи асосҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 137 ҳамин Кодекс;
- баргардонидани ариза тибқи асосҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 137 ва қисми 1 моддаи 138 ҳамин Кодекс;
- қатъи баррасии парванда тибқи асосҳои пешбининамудаи сархатҳои якум, дуюм ва панҷуми моддаи 225 ҳамин Кодекс;
- бе баррасӣ монондани ариза мутобиқи асосҳои пешбининамудаи сархати якуми моддаи 227 ҳамин Кодекс.
2. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи сархати якуми қисми 1 ҳамин модда боҷи давлатӣ ба андозае, ки барзиёд пардохта шудааст, баргардонида мешавад.
3. Боҷи давлатӣ инчунин дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун баргардонида мешавад.
4. Баргардонидани боҷи давлатӣ аз ҷониби мақоми молиявии давлатии маҳалли ҷойгиршавии бонк (филиали он), ки пардохтро қабул кардааст, дар асоси таъинот дар хусуси баргардонидани боҷи давлатӣ анҷом дода мешавад. Боҷи давлатие, ки ба буҷети ҷумҳуриявӣ пардохта шудааст, дар мӯҳлати 10 рӯз аз рӯзи қабул кардани таъинот баргардонида мешавад.
Моддаи 95. Хароҷоти вобаста ба баррасии парванда
Ба хароҷот оид ба баррасии парванда инҳо дохил мешаванд:
- маблағе, ки бояд ба шоҳидон, коршиносони судӣ, мутахассисон ва тарҷумонҳо пардохта шавад;
- хароҷоте, ки шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд барои хизматрасонии тарҷумон пардохтаанд, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад;
- хароҷоти сафар ва истиқомати тарафҳо ва шахсони сеюм, ки вобаста ба ҳозир шудан ба суд сарф намудаанд;
- хароҷоти пардохти хизматрасонии намояндагон;
- хароҷот барои азназаргузаронӣ дар маҳал;
- ҷубронпулӣ барои сарфи воқеии вақт мутобиқи моддаи 101 ҳамин Кодекс;
- хароҷоти почта вобаста ба баррасии парванда, ки тарафҳо пардохтаанд;
- хароҷоти нигаҳдории далели шайъӣ;
- дигар хароҷоте, ки суд эътироф намудааст.
Моддаи 96. Ба таъхир андохтан ё ба давраҳо ҷудо кардани мӯҳлати пардохт, кам кардани андозаи он ва ё озод намудан аз хароҷоти судӣ вобаста ба баррасии парванда
Суд бо дарназардошти вазъи молу мулкии тарафҳо метавонад барои як ё ҳар ду тараф мӯҳлати пардохти хароҷоти судиро вобаста ба баррасии парванда ба таъхир андозад ё ин мӯҳлатро ба давраҳо ҷудо намояд ё андозаи онро кам кунад ё аз пардохти хароҷоти судӣ вобаста ба баррасии парванда озод намояд ва дар ин хусус таъинот қабул мекунад.
Моддаи 97. Маблағе, ки бояд ба шоҳидон, коршиносони судӣ, мутахассисон ва тарҷумонҳо пардохта шавад
1. Ба шоҳидон, коршиносони судӣ, мутахассисон ва тарҷумонҳо хароҷоти вобаста ба ҳозир шудан ба суд, роҳкиро, истиқомат, инчунин хароҷоти шабонарӯзӣ тибқи муқаррароти қонун ҷуброн карда мешавад.
2. Ба шаҳрвандони машғули кор, ки ба сифати шоҳид ба суд даъват шудаанд, музди миёнаи меҳнат дар ҷойи кор барои вақте ки ҷиҳати ҳозир шудан ба суд сарф намудаанд, нигоҳ дошта мешавад. Ба шоҳидоне, ки дар муносибатҳои меҳнатӣ нестанд, барои ҷалб аз машғулияти маъмулиашон ба суд бо дарназардошти сарфи воқеии вақт ва дар андозаи ҳаҷми ҳадди ақали музди меҳнати муқарраргардида ҷубронпулӣ пардохта мешавад.
3. Ба коршиносони судӣ ва мутахассисон барои корҳое, ки онҳо тибқи супориши суд анҷом додаанд, агар ин кор ба доираи фаъолияти хизматии онҳо ҳамчун корманди муассисаи давлатӣ дохил нашавад, подошпулӣ пардохта мешавад. Ҳаҷми подошпулии коршиносони судӣ ва мутахассисонро суд бо мувофиқаи тарафҳо ва тибқи созишнома бо коршиносони судӣ ва мутахассисон муқаррар менамояд.
Моддаи 98. Аз ҷониби тарафҳо гузаронидани маблағе, ки бояд ба шоҳидон, коршиносони судӣ ва мутахассисон пардохта шавад
Маблағе, ки бояд ба шоҳидон, коршиносони судӣ ва мутахассисон пардохта шавад, инчунин дигар хароҷоти вобаста ба баррасии парванда, ки суд эътироф кардааст, аз ҷониби тарафе, ки хоҳиши пардохти онро кардааст, пешакӣ ба суратҳисоби суд гузаронида мешавад. Дар сурате, ки агар ҳар ду тараф чунин хоҳиш карда бошанд, маблағи зарурӣ бо қисмҳои баробар аз ҷониби тарафҳо гузаронида мешавад.
Моддаи 99. Пардохти маблағ ба шоҳидон ва тарҷумонҳо
1. Маблағ барои шоҳидон ва тарҷумонҳо баъди дар суд иҷро намудани ӯҳдадориҳояшон пардохта мешавад. Пардохти хизматрасонии тарҷумонҳо ва хароҷоти онҳо вобаста ба ҳозир шудан ба суд аз ҳисоби буҷети дахлдор анҷом дода мешавад.
2. Тартиби пардохти маблағ ба шоҳидон ва тарҷумонҳо, инчунин ҳаҷми ин маблағро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 100. Байни тарафҳо тақсим намудани хароҷоти судӣ
1. Суд ба тарафе, ки ба манфиати он ҳалнома қабул шудааст, аз ҳисоби тарафи дигар ҳамаи хароҷоти судӣ вобаста ба баррасии парвандаро ҷуброн менамояд. Агар даъво қисман қонеъ гардонида шуда бошад, пас хароҷоти судии дар ҳамин модда пешбинигардида ба даъвогар мутаносибан ба андозаи талаботи қонеъгардонидаи суд ва ба ҷавобгар бошад мутаносибан ба он қисми талаботи даъво, ки ба даъвогар рад карда шудааст, гузаронида мешавад.
2. Қоидаҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида инчунин ба тақсими хароҷоти судие, ки тарафҳо вобаста ба баррасии парванда дар марҳилаҳои кассатсионӣ ва назоратӣ сарф намудаанд, татбиқ мегарданд.
3. Агар суди марҳилаи болоӣ парвандаро ба баррасии нав барнагардонад ва ҳалномаи қабулшударо тағйир диҳад ё ҳалномаи нав қабул кунад, он мутаносибан тақсими хароҷоти судиро низ тағйир медиҳад. Агар дар ин ҳолатҳо суди марҳилаи болоӣ ҳалномаро дар қисми тақсими хароҷоти судӣ тағйир надода бошад, пас ин масъаларо мутобиқи аризаи шахси манфиатдор бояд суди марҳилаи якум ҳал кунад.
Моддаи 101. Ситонидани ҷубронпулӣ барои сарфи вақт
Суд метавонад аз тарафе, ки бевиҷдонона даъвои беасос пешниҳод кардааст ё зидди даъво баҳс мекунад ё ба таври мунтазам ба баррасӣ ва ҳалли дуруст ва саривақтии парванда муқобилият мекунад, барои вақти кории воқеии сарфшуда ба манфиати тарафи дигар ҷубронпулӣ ситонад. Андозаи ҷубронпулиро суд дар ҳаҷми қобили қабул ва бо дарназардошти ҳолатҳои мушаххас муқаррар менамояд.
Моддаи 102. Ҷуброни хароҷот барои пардохти хизмати намоянда
1. Суд ба тарафе, ки ба манфиати он ҳалнома баровардааст, аз ҳисоби тарафи дигар хароҷоти вобаста ба пардохти хизмати намояндаро дар ҳаҷми қобили қабул ҷуброн мекунад.
2. Агар тибқи тартиби муқарраргардида адвокат ба тарафе хизмати ройгон расонида бошад, ки ба манфиати он ҳалнома қабул шудааст, маблағи хароҷоти дар қисми 1 ҳамин модда барои пардохти хизмати адвокат муайянгардида аз тарафи дигар ба манфиати адвокат ситонида мешавад.
3. Дар сурате, агар бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ" ба тарафе, ки ба манфиати он қарор қабул гардидааст, ёрии ҳуқуқӣ расонида шуда бошад ва ҳаққи хизмати адвокат ё намоянда аз ҳисоби давлат пардохт шуда бошад, хароҷоти ба пардохти ҳаққи хизмати адвокат ё намоянда вобаста аз ҳисоби тарафи дигар ба фоидаи давлат ситонида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1697).
Моддаи 103. Тақсими хароҷоти судӣ ҳангоми даст кашидан аз даъво, эътирофи даъво ва бастани созиши оштӣ
1. Ҳангоми аз даъво даст кашидани даъвогар хароҷоти ӯро ҷавобгар ҷуброн намекунад. Даъвогар ба ҷавобгар хароҷоти судии баррасии парвандаро ҷуброн менамояд.
2. Ҳангоми аз даъво даст кашидани даъвогар хароҷоти судии баррасии парвандаро ҷавобгар ҷуброн мекунад, агар амали ҷавобгар асоси пешниҳоди даъво гардида бошад.
3. Агар даъвогар талаботи худро дар натиҷаи ихтиёран қонеъгардонии он аз ҷониби ҷавобгар баъди пешниҳоди даъво дастгирӣ нанамояд, суд бо дархости даъвогар ҳамаи хароҷоти судии даъвогарро аз ҷавобгар бармегардонад.
4. Агар ҷавобгар даъворо эътироф намояд, хароҷоти судии вобаста ба баррасии парванда ба зиммаи ҷавобгар гузошта мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар рафтори ҷавобгар боиси пешниҳоди даъво нагардида бошад ва даъво баъди ба ҷавобгар супоридани нусхаи аризаи даъвогӣ фавран эътироф шуда бошад.
5. Тарафҳо ҳангоми бастани созиши оштӣ бояд тартиби тақсими хароҷоти судиро пешбинӣ намоянд.
6. Агар ҳангоми бастани созиши оштӣ тарафҳо тартиби тақсими хароҷоти судиро пешбинӣ накарда бошанд, суд ин масъаларо мутобиқи моддаҳои 97, 98, 99 ва 100 ҳамин Кодекс ҳал менамояд.
Моддаи 104. Ҷуброни хароҷоти судӣ аз ҷониби тарафҳо
1. Ҳангоми пурра ё қисман рад кардани даъвои шахсоне, ки ба суд мутобиқи ҳолатҳои пешбининамудаи қонун бо ариза барои ҳифзи ҳуқуқ, озодиҳо ва манфиатҳои қонунии дигар шахсон муроҷиат кардаанд, ба ҷавобгар хароҷоти вобаста ба баррасии парванда аз ҳисоби буҷети дахлдор мутаносибан ба он қисми талаботи даъво, ки ба даъвогар рад шудааст, ҷуброн карда мешавад.
2. Ҳангоми қонеъ гардонидани даъвои аз ҳабс озод кардани молу мулк хароҷоти судии даъвогар аз ҳисоби маблағҳои дахлдори буҷет ҷуброн карда мешавад.
Моддаи 105. Ҷуброни хароҷоти судӣ ҳангоми баррасии парванда
1. Хароҷотеро, ки суд вобаста ба баррасии парванда кардааст ва боҷи давлатие, ки аз пардохти онҳо даъвогар озод шудааст, аз ҷавобгари аз пардохти хароҷоти судӣ озоднашуда мутаносибан дар қисми қонеъ гардонидашудаи талаботи даъво ба фоидаи буҷети дахлдор ситонида мешавад.
2. Ҳангоми даст кашидан аз даъво хароҷоти судӣ вобаста ба баррасии парванда аз даъвогаре, ки аз пардохти хароҷоти судӣ озод нашудааст, ба буҷети дахлдор ситонида мешавад.
3. Агар даъво қисман қонеъ гардонида шуда, аммо ҷавобгар аз пардохти хароҷоти судӣ озод шуда бошад, хароҷоти судӣ вобаста ба баррасии парванда аз даъвогаре, ки аз пардохти хароҷоти судӣ озод нашудааст, мутаносибан ба он қисми талаботи даъво, ки қонеъ гардонидани он барояш рад шудааст, ба буҷети дахлдор ситонида мешавад.
4. Агар ҳар ду тараф аз пардохти хароҷоти судӣ озод карда шуда бошанд, пас хароҷоти судӣ вобаста ба баррасии парванда аз ҳисоби буҷети дахлдор ҷуброн карда мешавад.
Моддаи 106. Шикояти хусусӣ нисбат ба таъинот оид ба масъалаҳои хароҷоти судӣ
Нисбат ба таъинот оид ба масъалаҳои хароҷоти судӣ шахсони иштирокчии парванда метавонанд шикояти хусусӣ пешниҳод намоянд.
БОБИ 8. ҶАРИМАҲОИ СУДӢ
Моддаи 107. Ҷаримаҳои судӣ
1. Ҷаримаҳои судӣ вобаста ба ҳолатҳо ва дар ҳаҷми пешбининамудаи ҳамин Кодекс аз ҷониби суд баста мешавад.
2. Ҷаримаҳои бастаи суд нисбат ба шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, дигар шахсони ҳуқуқие, ки дар баррасии парванда иштирок накардаанд, барои риоя накардани ӯҳдадориҳои пешбининамудаи қонун аз маблағҳои шахсии онҳо ситонида мешавад.
3. Нусхаи таъинот оид ба ҷарима бастан ба шахсе, ки ҷаримабандӣ шудааст, ирсол мегардад.
4. Нисбат ба таъинот шахсе, ки ҷаримабандӣ шудааст, метавонад шикояти хусусӣ пешниҳод намояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871).
Моддаи 108. Зиёд ё кам кардани андозаи ҷарима
1. Дар мӯҳлати даҳ рӯз аз рӯзи баъди гирифтани нусхаи таъинот шахси ҷаримабандишуда метавонад ба суде, ки ҷаримабандӣ намудааст, дар хусуси зиёд ё кам кардани ҷарима бо ариза муроҷиат кунад. Ариза дар давоми даҳ рӯз бояд дар маҷлиси судӣ баррасӣ гардад. Шахсе, ки ҷаримабандӣ гардидааст, оид ба вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ огоҳ карда мешавад, аммо ҳозир нашудани ӯ барои баррасии ариза монеа шуда наметавонад.
2. Нисбат ба таъинот дар хусуси рад намудани зиёд ё кам кардани ҷарима мумкин аст шикояти хусусӣ пешниҳод гардад.
БОБИ 9. МӮҲЛАТҲОИ МУРОФИАВӢ
Моддаи 109. Баҳисобгирии мӯҳлатҳои мурофиавӣ
1. Амалиёти мурофиавӣ дар мӯҳлатҳои мурофиавии муқаррарнамудаи қонун анҷом дода мешавад. Дар ҳолатҳое, ки агар мӯҳлатҳои мурофиавӣ дар қонун муқаррар нашуда бошанд, онҳоро суд таъин менамояд.
2. Мӯҳлат барои анҷом додани амалиёти мурофиавӣ бо санаи дақиқи тақвимӣ, зикри ҳодисае, ки бояд ҳатман фаро расад ё фосилаи вақте, ки дар ҷараёни он амал бояд иҷро карда шавад, муайян мегардад. Дар ҳолати охир амал мумкин аст дар тамоми давра иҷро шавад.
3. Ҷараёни мӯҳлати мурофиавӣ бо солҳо, моҳҳо ё рӯзҳо ба ҳисоб гирифта шуда, аз рӯзи дигари фаро расидани санаи тақвимӣ ё фарорасии ҳодиса, ки бо он оғози мӯҳлат муайян гардидааст, шурӯъ мешавад.
Моддаи 110. Хотима ёфтани мӯҳлатҳои мурофиавӣ
1. Мӯҳлате, ки бо солҳо ба ҳисоб гирифта мешавад, дар моҳ ва санаи дахлдори соли охирини мӯҳлат хотима меёбад. Мӯҳлате, ки бо моҳҳо ба ҳисоб гирифта мешавад, дар санаи дахлдори моҳи охирини мӯҳлат хотима меёбад. Агар охири мӯҳлати бо моҳҳо ҳисобшуда ба моҳе рост ояд, ки дорои санаи дахлдор намебошад, пас мӯҳлат дар рӯзи охирини ин моҳ хотима меёбад.
2. Агар рӯзи охирини мӯҳлат ба рӯзи истироҳат рост ояд, хотима ёфтани мӯҳлат рӯзе ба ҳисоб меравад, ки баъди он рӯзи корӣ фаро мерасад.
3. Амалиёти мурофиавӣ, ки барои иҷрои он мӯҳлат муқаррар шудааст, метавонад то соати бисту чори рӯзи охирини мӯҳлат анҷом дода шавад. Агар шикоят, ҳуҷҷат ё маблағҳои пулӣ ба почта ё телеграф то соати бисту чори рӯзи охирини мӯҳлат супорида шуда бошад, мӯҳлат гузаронидашуда ба ҳисоб намеравад.
4. Агар амали мурофиавӣ бевосита дар суд ё дигар ташкилот сурат гирад, пас мӯҳлат дар соате қатъ мегардад, ки мутобиқи қоидаҳои муқарраргардида дар ин суд ё ташкилотҳо кор ё амалиёти дахлдор хотима меёбад.
Моддаи 111. Оқибатҳои гузаронидани мӯҳлатҳои мурофиавӣ
1. Ҳуқуқи анҷом додани амалҳои мурофиавӣ бо гузаштани мӯҳлати муқаррарнамудаи қонун ё мӯҳлати таъиннамудаи суд қатъ мегардад.
2. Шикоят ва ҳуҷҷатҳое, ки баъди гузаштани мӯҳлатҳои мурофиавӣ пешниҳод гардидаанд, агар барои барқарорсозии мӯҳлати гузаронидашуда дархост пешниҳод нагардида бошад, аз ҷониби суд баррасӣ намегарданд ва ба шахсе, ки онҳоро пешниҳод кардааст, баргардонида мешаванд.
Моддаи 112. Боздоштани мӯҳлатҳои мурофиавӣ
1. Ҷараёни ҳамаи мӯҳлатҳои ба хотима нарасидаи мурофиавӣ ҳамзамон бо боздоштани баррасии парванда боздошта мешаванд.
2. Ҷараёни мӯҳлати мурофиавӣ аз рӯзи аз нав оғоз намудани мурофиа идома меёбад.
Моддаи 113. Тамдиди мӯҳлатҳои мурофиавӣ
Мӯҳлатҳои таъиннамудаи суд то гузаштани он метавонад аз ҷониби ҳамин суд тамдид карда шаванд.
Моддаи 114. Барқарор намудани мӯҳлатҳои мурофиавӣ
1. Ба шахсоне, ки мӯҳлатҳои мурофиавии муқаррарнамудаи қонунро бо сабабҳои узрнок эътирофнамудаи суд гузаронидаанд, ин мӯҳлатҳоро суд метавонад барқарор намояд.
2. Ариза дар бораи барқарор намудани мӯҳлати мурофиавии гузаронидашуда ба суде, ки дар он бояд амалиёти мурофиавӣ сурат гирад, пешниҳод гардида, дар маҷлиси судӣ баррасӣ карда мешавад. Шахсони иштирокчии парванда оид ба вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ огоҳ мегарданд, аммо ҳозир нашудани онҳо барои ҳалли масъалаҳои дар назди суд гузошташуда монеа шуда наметавонад.
3. Ариза дар бораи барқарор намудани мӯҳлати мурофиавии гузаронидашуда дар давоми як моҳи баъди рафъи ҳолатҳое, ки боиси гузаронидани мӯҳлати мурофиавӣ гаштаанд, пешниҳод мегардад. Ариза дар бораи барқарор намудани мӯҳлати мурофиавии гузаронидашуда наметавонад баъди гузашти як сол аз лаҳзаи гузаронидани мӯҳлат пешниҳод карда шавад.
4. Ҳангоми баррасии ариза барои барқарор кардани мӯҳлати мурофиавии гузаронидашуда қоидаҳои қисми 2 моддаи 58 ҳамин Кодекс татбиқ намегардад.
5. Агар суд мӯҳлати мурофиавии гузаронидашударо барқарор намояд, аз лаҳзаи супоридани таъинот дар хусуси барқарор намудани мӯҳлати мурофиавии гузаронидашуда дар давоми даҳ рӯз ба шахсе, ки мӯҳлати муқаррарнамудаи қонунро гузаронидааст, имконият фароҳам оварда мешавад, ки амалҳои мурофиавии мӯҳлаташон гузаштаро анҷом диҳад.
6. Нисбат ба таъинот оид ба барқарор ё рад намудани барқарор кардани мӯҳлати мурофиавӣ шахсони иштирокчии парванда метавонанд шикояти хусусӣ пешниҳод намоянд.
БОБИ 10. ХАБАРНОМА ВА ДАЪВАТИ СУДӢ
Моддаи 115. Хабарнома ва даъвати судӣ
1. Шахсони иштирокчии парванда, инчунин шоҳидон, коршиносони судӣ, мутахассисон ва тарҷумонҳо ба суд ба воситаи мактуби супоришӣ бо огоҳонидан оид ба супоридани он, ба воситаи даъвати судӣ бо огоҳонидан оид ба супоридани он, ба воситаи телефонограмма ё телеграмма, ба воситаи алоқаи факсималӣ ё бо воситаи дигари алоқа ва дастраскунӣ, ки супоридани хабарнома ва даъвати судӣ ва супоридани онро ба шахси қабулкунанда сабт мекунад, хабардор ё даъват карда мешаванд.
2. Ба шахсони иштирокчии парванда, инчунин намояндаҳо даъват бояд тарзе супурда шавад, ки онҳо барои саривақт ҳозир шудан ба суд ва омодагӣ ба парванда вақти кофӣ дошта бошанд, аммо хабарнома дар ҳар ҳолат на дертар аз се рӯз то оғози маҷлиси судӣ дастраси онҳо гардад.
3. Хабарномаи судӣ тибқи суроғаи зикрнамудаи тарафҳо ё дигар шахсони иштирокчии парванда расонида мешавад. Агар дар суроғаи ба суд иттилоъдодашуда шаҳрванд воқеан зиндагӣ накунад, даъват мумкин аст ба ҷои кори ӯ расонда шавад. Даъват ба суроғаи шахсони ҳуқуқӣ ба маҳалли ҷойгиршавии онҳо фиристода мешавад.
Моддаи 116. Мӯҳтавои хабарнома ва даъвати судӣ
1. Хабарнома ва даъвати судӣ бояд маълумотҳои зеринро дар бар гиранд:
- ном ва суроға, сомона, рақами телефон ва суроғаи почтаи электронии суд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1930);
- маҳал ва вақти ҳозиршавӣ;
- номи парвандае, ки тибқи он даъват сурат гирифтааст;
- насаб, ном ва номи падари шахсе, ки ба ӯ хабарнома ё даъвати судӣ фиристода шудааст ва ба кадом сифат даъват ё хабардор карда шудааст (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- таклиф ба шахсони иштирокчии парванда дар бораи пешниҳоди ҳамаи далелҳои дар дастдоштаи онҳо оид ба парванда;
- ӯҳдадориҳои шахсе, ки хабарнома ё даъвати судиро аз сабаби набудани шахси қабулкунанда гирифтааст, ҷиҳати ба шахси қабулкунанда дар мӯҳлати кӯтоҳтарин супоридани он;
- огоҳонӣ оид ба оқибатҳои ҳозир нашудан ва ӯҳдадории ба суд иттилоъ додани сабабҳои ҳозир нашудан.
2. Ҳамзамон бо хабарнома ва даъвати судӣ ба ҷавобгар нусхаи аризаи даъвогӣ ва нусхаи ҳуҷҷатҳои ба ариза замимагардида фиристода мешаванд. Якҷоя бо хабарнома ё даъвати судие, ки ба унвони даъвогар фиристода шудааст, суд инчунин нусхаи баёноти хаттии ҷавобгар ва нусхаи ҳуҷҷатҳои ба он замимашударо, агар онҳо ба суд ворид шуда бошанд, мефиристад.
Моддаи 117. Расонидани хабарнома ва даъвати судӣ
1. Хабарнома ё даъвати судӣ ба воситаи почта ё ба воситаи дигар шахсоне, ки суд ба онҳо расонидани онҳоро супориш додааст, расонида мешавад. Вақти супурдани хабарнома ё даъвати судӣ ба шахси хабаршуда ё даъватшуда дар ҳошияи даъвати супурдашуда ё дар нусхаи дуюми хабарнома, ки бояд ба суд баргардонида шавад, сабт мегардад.
2. Суд метавонад бо розигии шахси иштирокчии парванда ба ӯ хабарнома ё даъвати судиро барои супоридан ба шахси дигари вобаста ба парванда хабаршаванда ё даъватшаванда диҳад. Шахсе, ки барои расонидани хабарнома ё даъват аз суд супориш гирифтааст, ӯҳдадор аст ба суд ҳошияи даъват ё нусхаи дуюми хабарномаро, ки қабулкунанда оид ба гирифтани даъват ё хабарнома имзо кардааст, баргардонад.
Моддаи 118. Супурдани (ирсоли) хабарнома ё даъвати судӣ
(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1930)
1. Ба шаҳрванд хабарнома ё даъвати судӣ шахсан бо гирифтани имзои ӯ дар ҳошияи даъват ё нусхаи дуюми хабарнома, ки бояд ба суд баргардонида шавад, супорида мешавад. Хабарнома ё даъвати судӣ ба унвонии ташкилот ба шахси мансабдори дахлдор, ки дар ҳошияи даъват ё нусхаи дуюми хабарнома имзо мегузорад, супурда мешавад.
2. Агар шахсе, ки бояд хабарнома ё даъвати судиро расонад, шаҳрванди вобаста ба парванда хабаршаванда ва ё даъватшавандаро дар маҳалли истиқомат ё ҷойи кори ӯ пайдо карда натавонад, пас хабарнома ё даъвати судиро ба яке аз аъзои болиғи оилаи ҳамроҳи ӯ истиқоматкунанда бо розигии ӯ ва ҳангоми набудани онҳо ба ташкилоти истифодаи манзилӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллии маҳалли истиқомати хабаршаванда ё даъватшаванда ё маъмурияти ҷойи кор супурда мешавад. Дар ҳолатҳои зикргардида шахсе, ки хабарнома ё даъвати судиро бояд расонад, ӯҳдадор аст дар ҳошияи даъват ё нусхаи дуюми он насаб, ном, номи падар, инчунин муносибати худро ба шахси хабаршаванда ё даъватшаванда (ҳамсар, падар, модар, писар, духтар ва ғайра) ё вазифаи ишғолнамудаашро зикр кунад ва дар мӯҳлати кӯтоҳтарин, бетаъхир онро ба шахси қабулкунанда супорад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871).
3. Ҳангоми муваққатан дар маҳалли истиқомат ва ҷои кор набудани шахси даъватшаванда ё хабаршаванда, шахсе, ки бояд даъват ё хабарномаро расонад, дар ҳошияи даъват ё нусхаи дуюми хабарнома бояд сабт кунад, ки шахси даъватшаванда ё хабаршаванда ба куҷо сафар кардааст ва дар кадом мӯҳлат баргаштанаш имконпазир мебошад. Ин маълумот бояд аз ҷониби ташкилоти истифодаи манзилӣ, мақоми худидоракунии маҳалии маҳалли истиқомат ё маъмурияти ҷойи кори шахси даъватшаванда ё хабаршаванда тасдиқ карда шавад.
4. Хабарнома ё даъвати судӣ ба шахсони иштирокчии парванда ва иштирокчиёни дигари мурофиаи судӣ ҳамчунин бо ҷойгир намудани он дар сомонаи суд ирсол мегардад. Ҳамзамон суд шахсони иштирокчии парванда ва иштирокчиёни дигари мурофиаи судиро оид ба вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ ва амалҳои алоҳидаи мурофиавӣ ба воситаи ирсоли телефонограмма, телеграмма, алоқаи факсимилӣ, почтаи электронӣ ва воситаҳои дигари алоқа хабардор менамояд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1930).
Моддаи 119. Оқибатҳои рад намудани қабули хабарнома ё даъвати судӣ
1. Ҳангоми аз ҷониби хабаршаванда ё даъватшаванда рад намудани қабули хабарнома ё даъват шахси расонандаи он дар хабарнома ё даъват оид ба рад намудани қабули хабарнома ё даъват аз ҷониби хабаршаванда ё даъватшаванда қайди дахлдор мегузорад, ки он ба суд баргардонида мешавад. Сабти рад намудани қабули хабарнома ё даъватро ташкилоти дахлдори истифодаи манзилӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллии маҳалли истиқомат ё маъмурияти ҷойи кори шахси даъватшаванда ё хабаршаванда тасдиқ менамоянд, агар хабарнома ё даъват барои расонидан ба онҳо супорида шуда бошад.
2. Шахсе, ки қабули даъват ё хабарномаро рад намудааст, оид ба вақт ва маҳалли муҳокимаи судӣ ё анҷом додани амалиёти алоҳидаи мурофиавӣ хабардоршуда ба ҳисоб меравад. Рад намудани қабули даъват ё хабарнома барои баррасии парванда монеъ намешавад.
Моддаи 120. Тағйирёбии суроға ҳангоми баррасии парванда
Шахсони иштирокчии парванда ӯҳдадоранд дар хусуси тағйирёбии суроғаи худ ҳангоми баррасии парванда судро огоҳ намоянд. Ҳангоми набудани чунин иттилоот даъват ё хабарнома тибқи суроғаи охирини барои суд маълум ирсол гардида, ҳарчанд шахси даъватшаванда ё хабаршаванда дар ин суроға минбаъд зиндагӣ накарда бошад ҳам, расонидашуда ба ҳисоб меравад.
Моддаи 121. Номаълум будани маҳалли истиқомати ҷавобгар
1. Ҳангоми номаълум будани маҳалли воқеии истиқомати ҷавобгар судя баъди баргаштани хабарнома ё даъвати судӣ, ки қабули онҳоро ташкилоти истифодаи манзилӣ ё мақомоти худидоракунии маҳаллии ҷойи охирини истиқомати ҷавобгар ё маъмурияти ҷойи кори охирини маълуми ҷавобгар тасдиқ намудаанд, оид ба ошкоро супоридани хабарнома ё даъвати судӣ ва ҳуҷҷатҳои замимашуда таъиноти судӣ қабул мекунад.
2. Дар таъинот оид ба ошкоро супоридани хабарнома ё даъват ва ҳуҷҷатҳои замимашуда маълумоти зайл бояд дарҷ гардад:
- номи суд, насаб, ном ва номи падари судяе, ки таъинотро қабул кардааст (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- сана ва маҳалли қабули таъинот;
- матни хабарнома ё даъват ва руйхати ҳуҷҷатҳои замимашуда;
- мӯҳлате, ки хабарнома ё даъват ва ҳуҷҷатҳои замимашуда ба ҷавобгар ба тариқи ошкоро супоридашуда эътироф мегардад.
3. Нусхаи ҳамин таъинот аз рӯзи қабул шуданаш бояд дар ҷойи эълонҳои судӣ насб ва дар сомонаи судҳо ҷойгир карда шавад. Хабарнома ё даъват ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашуда пас аз гузаштани як моҳ аз рӯзи дар ҷойи эълонҳои судӣ насб ва дар сомонаи судҳо ҷойгир кардани нусхаи таъинот дар бораи ошкоро супоридани хабарнома ё даъват ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашуда ба ҷавобгар ошкоро супоридашуда эътироф мегардад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1930).
4. Суд баъд аз гузаштани як моҳ аз рӯзи дар ҷойи эълонҳо насб карда шудани таъинот оид ба ошкоро супоридани хабарнома ё даъват ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашуда парвандаи мадании мазкурро тибқи муқаррароти боби 22 ҳамин Кодекс баррасӣ ва ҳал менамояд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
Моддаи 122. Кофтукови ҷавобгар
1. Ҳангоми номаълум будани маҳалли истиқомати ҷавобгар тибқи талаботе, ки барои ҳифзи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад, инчунин мутобиқи талабот оид ба ситонидани алимент, рӯёнидани товони зараре, ки бо осеб ё дигар шакл ба саломатӣ расонида шудааст ё боиси фавти саробон гардидааст, суд ӯҳдадор аст дар бораи эълон намудани кофтукови ҷавобгар таъинот барорад.
2. Ситонидани хароҷоти кофтукови ҷавобгар дар асоси аризаи мақомоти ваколатдор тибқи тартиби муқаррарнамудаи боби 11 ҳамин Кодекс бо роҳи қабули фармон анҷом дода мешавад.
ФАСЛИ II МУРОФИА ДАР СУДИ МАРҲИЛАИ ЯКУМ
ЗЕРФАСЛИ I. МУРОФИАИ ФАРМОНӢ
БОБИ 11. ФАРМОН
Моддаи 123. Фармон
Фармон ин санади судиест, ки дар асоси ариза оид ба ситонидани маблағҳои пулӣ ё талаб карда гирифтани молу мулки манқул аз қарздор тибқи талаботи пешбининамудаи моддаи 124 ҳамин Кодекс қабул карда мешавад.
Моддаи 124. Талаботе, ки дар асоси онҳо фармон қабул карда мешавад
Фармон дар ҳолатҳои зерин қабул карда мешавад, агар:
- талабот ба аҳдҳои ба таври нотариалӣ тасдиқгардида асос ёфта бошад;
- талабот ба аҳди дар шакли оддии хаттӣ басташуда асос ёфта бошад;
- талабот ба эътирози содирнамудаи нотариус нисбат ба вексел оид ба напардохтан, аксепт ва санагузорӣ нашудани аксепт асос ёфта бошад;
- талабот оид ба ситонидани алимент барои ноболиғон, ки ба муқаррар кардани падарӣ, баҳси падарӣ (модарӣ) ё зарурати ҷалби дигар шахсони манфиатдор ё ситонидани алимент ба тариқи устувор вобаста намебошад, пешниҳод шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- талабот оид ба ситонидани бақияпулӣ вобаста ба андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ аз шаҳрвандон пешниҳод шуда бошад;
- талабот оид ба ситонидани музди меҳнати ҳисобшуда, аммо ба корманд пардохтнашуда пешниҳод шуда бошад;
- талабот оид ба додани молу мулки манқул ба кредитор, ки ба ӯ ба сифати таъмини иҷрои ӯҳдадориҳо пешниҳод шудааст, арз шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1559);
- талаботро мақомоти ваколатдор, иҷрочиёни мақомоти иҷро оид ба ситонидани хароҷоти вобаста ба кофтукови ҷавобгар ё қарздор ё молу мулки он ё кӯдаке, ки мутобиқи ҳалнома аз қарздор гирифта шудааст, хароҷот оид ба гузаронидани амалҳои иҷро, инчунин хароҷоти вобаста ба нигоҳдории молу мулки ба ҳабс гирифташудаи қарздор ё нигоҳдории молу мулки қарздоре, ки аз бинои ишғолнамудааш кӯчонида шудааст, пешниҳод шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1612, аз 18.03.2022 № 1855).
Моддаи 125. Пешниҳоди ариза дар бораи қабули фармон
1. Ариза дар хусуси қабули фармон тибқи қоидаҳои умумии тобеияти судии муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ба суд пешниҳод карда мешавад.
2. Барои пешниҳоди ариза дар бораи қабули фармон дар ҳаҷми панҷоҳ фоизи андозае, ки барои аризаи даъвогӣ бо қонун муқаррар шудааст, боҷи давлатӣ пардохта мешавад.
Моддаи 126. Шакл ва мазмуни ариза дар бораи қабули фармон
1. Ариза дар шакли хаттӣ ба суд пешниҳод карда мешавад.
2. Дар ариза бояд маълумотҳои зерин зикр гарданд:
- номи суде, ки ба он ариза пешниҳод шудааст;
- насаб, ном ва номи падари ситонанда, маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии он (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- насаб, ном ва номи падари қарздор, маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии он (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- талаботи ситонанда ва ҳолатҳое, ки талабот ба онҳо асос ёфтааст;
- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи асоснокии талаботи ситонанда;
- номгӯи ҳуҷҷатҳои ба ариза замимашуда.
3. Ҳангоми талаб кардани молу мулки манқул дар ариза бояд тасвири аломатҳои фарқкунандаи молу мулки талабшаванда, ки барои ҳаммонандкунии он кифоя мебошад ва арзиши он зикр гардад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1559).
4. Аризаро ситонанда ё намояндаи ӯ, ки дорои ваколати дахлдор мебошад, имзо мегузорад. Ба аризаи пешниҳоднамудаи намоянда бояд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ваколати ӯ замима гардад.
Моддаи 127. Асосҳо барои рад намудани қабул ва баргардонидани ариза дар бораи қабули фармон
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871)
1. Судя мутобиқи асосҳои пешбининамудаи моддаҳои 137 ва 138 ҳамин Кодекс метавонад аризаро дар барои қабули фармон баргардонад ё қабули онро рад намояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871).
2. Судя инчунин дар ҳолатҳои зайл қабули аризаро метавонад рад намояд, агар:
- талаботе пешниҳод шуда бошад, ки моддаи 124 ҳамин Кодекс пешбинӣ накарда бошад;
- маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии қарздор берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта бошад;
- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи талаботи пешниҳодшуда пешниҳод нагардида бошанд;
- аз ариза ва ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда муайян гардад, ки оид ба ҳуқуқ баҳс мавҷуд аст.
3. Судя дар хусуси рад намудани қабули ариза ё баргардонидани он дар давоми се рӯз аз рӯзи воридшавии ариза ба суд таъинот қабул карда, нусхаи онро дар мӯҳлати на дертар аз ду рӯз ба ситонанда ирсол менамояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871).
4. Ситонанда нисбат ба таъинот дар бораи рад намудани қабули ариза оид ба қабули фармон ё баргардонидани он дар мӯҳлати даҳ рӯз аз рӯзи гирифтани нусхаи он метавонад шикояти хусусӣ пешниҳод намояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871).
Моддаи 128. Беҳаракат монондани ариза дар бораи қабули фармон
1. Судя, агар муайян намояд, ки ариза ба суд бе риояи талаботи қисми 2 моддаи 125 ва моддаи 126 ҳамин Кодекс пешниҳод шудааст, дар хусуси беҳаракат монондани ариза таъинот қабул мекунад ва дар ин хусус шахси пешниҳоднамудаи аризаро огоҳ намуда, ба ӯ барои ислоҳи норасоиҳо панҷ рӯз мӯҳлат медиҳад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871).
2. Агар аризадиҳанда дар мӯҳлати муқарраршуда супориши судяро, ки дар таъинот номбар шудааст, иҷро кунад, ариза аз рӯзи пешниҳоди ибтидоии он ба суд пешниҳодшуда эътироф мегардад. Дар акси ҳол ариза пешниҳодшуда ба ҳисоб намеравад ва бо ҳамаи ҳуҷҷатҳои ба ариза замимагардида ба аризадиҳанда баргардонида мешавад.
3. Нисбат ба таъинот дар бораи беҳаракат монондани ариза дар мӯҳлати даҳ рӯз аз рӯзи гирифтани нусхаи он ситонанда метавонад шикояти хусусӣ пешниҳод намояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871).
Моддаи 129. Тартиби қабули фармон
1. Фармон оид ба моҳияти талаботи пешниҳодшуда дар мӯҳлати се рӯз аз рӯзи воридшавии ариза ба суд, дар сурати беҳаракат монондани ариза бошад, пас аз ислоҳи норасоиҳо дар ҳамин мӯҳлат қабул карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871).
2. Фармон бе муҳокимаи судӣ ва бе даъвати тарафҳо барои шунидани баёноти онҳо қабул карда мешавад.
Моддаи 130. Мӯҳтавои фармон
1. Дар фармон маълумотҳои зерин зикр мегарданд:
- рақами парванда ва санаи қабули фармон;
- номи суд, насаб, ном ва номи падари судяе, ки фармон қабул кардааст (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- насаб, ном, номи падар, маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии ситонанда (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- насаб, ном, номи падар, рӯз, моҳ, сол ва маҳалли таваллуд, маҳалли истиқомат, ҷойи кор ё маҳалли ҷойгиршавии қарздор (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1474);
- номи қонуне, ки дар асоси он талабот қонеъ гардонида мешавад;
- ҳаҷми маблағе, ки бояд ситонида шавад ё ишора ба молу мулки манқули талаб карда гирифташаванда, ки барои ҳаммонандкунии он кифоя мебошад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1559);
- ҳаҷми ноустуворона, агар ситонидани он мутобиқи қонун ё шартнома пешбинӣ шуда бошад, инчунин ҳаҷми пеня, агар он ситонида шавад;
- маблағи боҷи давлатие, ки бояд аз қарздор ба манфиати ситонанда ё ба буҷети дахлдор ситонида шавад.
2. Дар фармон оид ба ситонидани алимент барои ноболиғон ба ғайр аз маълумоти пешбининамудаи сархатҳои якум, дуюм, сеюм, чорум ва панҷуми қисми 1 ҳамин модда, инчунин насаб, ном, номи падар ва санаи таваллуди ҳар як кӯдаке, ки барои таъмини онҳо алимент ситонида мешавад, ҳаҷми пардохтҳое, ки ҳар моҳ аз қарздор ситонида мешавад ва мӯҳлати ситонидани онҳо зикр мегарданд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871, аз 2.01.2018 № 1474).
3. Фармон дар бланки расмӣ дар нусхаи аслӣ ва нусхаҳо мутаносибан ба теъдоди ситонандаҳо ва қарздорон тартиб дода шуда, ба он судя имзо мегузорад ва он бо мӯҳри нишондори суд тасдиқ карда мешавад(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871).
Моддаи 131. Огоҳ намудани қарздор дар хусуси қабули фармон
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1559)
1. Судя фармонро на дертар аз як рӯз пас аз қабул кардани он ба қарздор мефиристад. Қарздор ҳуқуқ дорад дар мӯҳлати даҳ рӯз аз рӯзи гирифтани фармон оид ба он норозигии худро дар шакли хаттӣ ба суд пешниҳод кунад.
2. Аз рӯи фармонҳо дар бораи ба кредитор додани молу мулки манқуле, ки ҳамчун таъмини иҷрои ӯҳдадориҳо ба ӯ дода шудааст, судя на дертар аз як рӯз пас аз қабул кардани фармон ба қарздор онро барои иҷро мефиристад. Қарздор ҳуқуқ дорад дар мӯҳлати даҳ рӯз пас аз гирифтани фармон ба суд бо даъво оид ба мавриди баҳс қарор додани рӯёнидан муроҷиат намояд.
3. Ҳангоми дар мӯҳлати муқарраршуда бо даъво оид ба мавриди баҳс қарор додани рӯёнидан муроҷиат накардани қарздор, фармон дар бораи ба кредитор додани молу мулки манқуле, ки ҳамчун таъмини иҷрои ӯҳдадориҳо ба ӯ дода шудааст, мавриди иҷрои фаврӣ қарор мегирад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1559).
Моддаи 132. Бекор кардани фармон
1. Агар аз қарздор дар мӯҳлати муқаррарнамудаи моддаи 131 хамин Кодекс норозигӣ оид ба иҷрои фармон ворид гардад, судя фармонро бо қабули таъинот бекор мекунад.
2. Судя дар таъиноти бекор кардани фармон ба ситонанда тавзеҳ медиҳад, ки талаботи пешниҳодшуда мумкин аст тибқи тартиби мурофиаи даъвоӣ пешниҳод карда шавад.
3. Нусхаи таъинот оид ба бекор кардани фармон дар мӯҳлати на дертар аз се рӯзи баъди қабули он ба тарафҳо фиристода мешавад.
4. Фармон дар бораи ба кредитор додани молу мулки манқуле, ки ҳамчун таъмини иҷрои ӯҳдадориҳо ба ӯ дода шудааст, танҳо дар асоси муроҷиати қарздор ба суд бо даъво оид ба мавриди баҳс қарор додани рӯёнидан бекор карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1559).
Моддаи 133. Ба ситонанда супоридани фармон
1. Агар дар мӯҳлати муқарраргардида аз қарздор ба суд норозигӣ ворид нагардад, судя ба ситонанда фармонро, ки бо мӯҳри нишондори суд тасдиқ гардидааст, ҷиҳати пешниҳод барои иҷро месупорад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1559).
2. Ҳангоми аз қарздор ба манфиати буҷети дахлдор ситонидани боҷи давлатӣ дар асоси фармон варақаи иҷро дода мешавад, ки он бо мӯҳри нишондори суд тасдиқ гардида, аз тарафи суд барои иҷро дар ҳамин қисм ба иҷрочии маҷомоти иҷро супорида мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1612).
3. Судя фармонро дар бораи ба кредитор додани молу мулки манқуле, ки ба ӯ ба сифати таъмини иҷрои ӯҳдадориҳо дода шудааст, на дертар аз як рӯз пас аз қабул кардани он ба кредитор месупорад. Фармон бо мӯҳри нишондори суд тасдиқ карда шуда, бо риояи қисми 3 моддаи 131 ҳамин Кодекс мавриди иҷрои фаврӣ қарор мегирад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1559).
ЗЕРФАСЛИ II. МУРОФИАИ ДАЪВОГӢ
БОБИ 12. ПЕШНИҲОДИ ДАЪВО
Моддаи 134. Шакл ва мазмуни аризаи даъвогӣ
1. Аризаи даъвогӣ ба суд дар шакли хаттӣ пешниҳод карда мешавад. Аризаи даъвогӣ мумкин аст ба судҳо дар шакли электронӣ тавассути ҷойгир намудани он дар сомонаи судҳо пешниҳод карда шавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1930).
2. Дар аризаи даъвогӣ бояд маълумотҳои зерин зикр гарданд:
- номи суде, ки ба он ариза пешниҳод карда мешавад;
- насаб, ном ва номи падари даъвогар, маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии он, инчунин ном, номи падар ва фамилияи намоянда ва суроғаи он, агар аризаро намоянда пешниҳод карда бошад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- насаб, ном ва номи падари ҷавобгар, маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии он (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- моҳияти вайрон кардани ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии даъвогар ё таҳдид ба он аз чӣ иборатанд ва талаботи даъвогар;
- ҳолатҳое, ки даъвогар талаботи худро асоснок месозад ва далелҳое, ки ин ҳолатҳоро тасдиқ мекунанд;
- нархи даъво, агар даъво нарх дошта бошад, инчунин ҳисоби маблағҳои ситонидашаванда ё баҳснок;
- номгӯи ҳуҷҷатҳои ба ариза замимагардида.
3. Дар аризаи даъвогӣ метавонад рақами телефонҳо, факсҳо, суроғаҳои почтаи электронии даъвогар, намояндаи ӯ, ҷавобгар, дигар маълумоте, ки барои баррасӣ ва ҳалли парванда аҳамият доранд, зикр гардида, инчунин дархости даъвогар дарҷ гардад.
4. Дар аризаи даъвогӣ, ки прокурор оид ба ҳифзи манфиатҳои давлат ё ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии гурӯҳи номуайяни шахсон пешниҳод намудааст, бояд зикр гардад, ки манфиатҳои онҳо ба таври мушаххас аз чӣ иборатанд, кадом ҳуқуқҳо вайрон карда шудаанд, инчунин истинод ба қонун ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар бар гирад, ки тартиби ҳифзи манфиати давлат ё гурӯҳи номуайяни шахсонро пешбинӣ менамояд.
5. Ҳангоми муроҷиати прокурор ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои қонунии шаҳрвандон дар ариза бояд имконнопазирии аз ҷониби худи шаҳрванд пешниҳод намудани даъво асоснок карда шавад.
6. Аризаи даъвогиро даъвогар ё намояндаи ӯ, ки барои имзои ариза ва пешниҳоди он ба суд ваколатдор мебошад, имзо мекунад. Агар даъвогар шахси ҳуқуқӣ бошад, имзо бо мӯҳри шахси ҳуқуқӣ тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 135. Ҳуҷҷатҳое, ки ба аризаи даъвогӣ замима карда мешаванд
Ба аризаи даъвогӣ ҳуҷҷатҳои зерин замима мегарданд:
- нусхаи аризаи даъвогӣ мутаносибан ба теъдоди ҷавобгарон ва шахсони сеюм;
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти боҷи давлатӣ;
- ваколатнома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ваколати намояндаи даъвогар;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳолатҳое, ки даъвогар талабҳои худро асоснок менамояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1559);
- ҳисоби маблағҳои ситонидашаванда ё баҳсноке, ки аз ҷониби даъвогар, намояндаи ӯ имзо шудаанд, бо нусхаҳо мутаносибан ба теъдоди ҷавобгарон ва шахсони сеюм.
Моддаи 136. Қабули аризаи даъвогӣ
Судя ӯҳдадор аст дар давоми се рӯз аз рӯзи ворид гардидани аризаи даъвогӣ ба суд масъалаи ба мурофиаи суд қабул намудани аризаи даъвогиро баррасӣ кунад. Дар хусуси қабули аризаи даъвогӣ судя таъинот қабул мекунад, ки мутобиқи он баррасии парвандаи маданӣ дар суди марҳилаи якум оғоз мегардад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
Моддаи 137. Рад намудани қабули аризаи даъвогӣ
1. Судя дар ҳолатҳои зерин қабули аризаи даъвогиро рад мекунад, агар:
- ариза наметавонад тибқи тартиби мурофиаи судии маданӣ баррасӣ ва ҳал гардад, агар он бояд тибқи тартиби суди дигар баррасӣ ва ҳал карда шавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022);
- ариза ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии дигар шахс аз ҷониби мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахси ҳуқуқӣ ё шаҳрванде пешниҳод гардида бошад, ки мутобиқи ҳамин Кодекс ё дигар қонунҳо ба онҳо чунин ҳуқуқ дода нашудааст;
- ҳалномаи эътибори қонунӣ пайдонамудаи суд вобаста ба баҳси байни ҳамин тарафҳо, дар ҳамон мавзӯъ, тибқи ҳамон асос ё таъинот дар хусуси қатъи баррасии парванда вобаста ба қабули аризаи даст кашидани даъвогар аз даъво ё тасдиқи созиши оштӣ мавҷуд бошанд;
- ҳалномаи эътибори қонунӣ пайдонамудаи суди ҳакамӣ вобаста ба баҳси байни ҳамин тарафҳо, дар ҳамин мавзӯъ, тибқи ҳамин асос мавҷуд бошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар суд додани варақаи иҷроро барои иҷрои маҷбурии ҳалномаи суди ҳакамӣ рад карда бошад.
2. Дар хусуси рад намудани қабули аризаи даъвогӣ судя таъиноти асоснок қабул мекунад, ки он дар мӯҳлати на дертар аз панҷ рӯз аз рӯзи ба суд ворид шудани аризаи даъвогӣ ба аризадиҳанда якҷоя бо ариза ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои замимагардида супорида ё фиристонида мешавад.
3. Баъд аз рад намудани қабули аризаи даъвогӣ аризадиҳанда наметавонад ба суд вобаста ба ҳамин баҳс, нисбат ба ҳамин ҷавобгар, оид ба ҳамин мавзӯъ ва тибқи ҳамин асосҳо такроран муроҷиат намояд.
4. Нисбат ба таъинот дар бораи рад намудани қабули аризаи даъвогӣ шахсони иштирокчии парванда метавонанд шикояти хусусӣ пешниҳод намоянд.
Моддаи 138. Баргардонидани аризаи даъвогӣ
1. Судя аризаи даъвогиро дар ҳолатҳои зерин бармегардонад, агар:
- аз ҷониби даъвогар (аризадиҳанда) тартиби пешбининамудаи қонунгузорӣ оиди бо роҳи ғайрисудӣ ҳал намудани баҳс (ариза) риоя нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- аризаи даъвогӣ таҳти тобеияти судии ҳамин суд набошад;
- аризаи даъвогиро шахси ғайри қобили амал пешниҳод карда бошад;
- аризаи даъвогиро шахсе имзо карда бошад, ки барои имзо ва ба суд пешниҳод кардани он ҳуқуқ надорад;
- дар баррасии ҳамин суд ё суди дигар парванда вобаста ба баҳси ҳамин тарафҳо, оид ба ҳамин мавзӯъ ва тибқи ҳамин асосҳо мавҷуд бошад.
2. Дар бораи баргардонидани аризаи даъвогӣ судя таъиноти асоснок қабул мекунад ва дар он зикр мегардад, ки, агар парванда таҳти тобеияти ҳамин суд набошад, аризадиҳанда бояд ба кадом суд муроҷиат кунад ё чӣ тавр ҳолатҳоеро, ки ба оғози парванда монеа шудаанд, бартараф намояд. Таъинот бояд дар мӯҳлати се рӯз аз рӯзи ба суд ворид шудани ариза қабул карда шуда, ба аризадиҳанда якҷоя бо ариза ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои ба ариза замимагардида фиристонида шавад.
3. Баргардонидани аризаи даъвогӣ барои муроҷиати такрории даъвогар ба суд вобаста ба ҳамин даъво нисбат ба ҷавобгар, оид ба ҳамин мавзӯъ ва тибқи ҳамин асосҳо монеа шуда наметавонад, агар аризадиҳанда норасоиҳои ҷойдоштаро бартараф намояд.
4. Нисбат ба таъинот дар хусуси баргардонидани аризаи даъвогӣ шахсони иштирокчии парванда метавонанд шикояти хусусӣ пешниҳод намоянд.
Моддаи 139. Беҳаракат монондани аризаи даъвогӣ
1. Агар судя, муайян намояд, ки аризаи даъвогӣ ба суд бе риояи талаботи моддаҳои 134 ва 135 Кодекси мазкур пешниҳод шудааст, оид ба беҳаракат монондани ариза таъинот қабул мекунад ва ба аризадиҳанда барои ислоҳи норасоиҳо мӯҳлат медиҳад. Нусхаи таъиноти мазкур дар мӯҳлати на дертар аз се рӯзи қабул гардиданаш ба аризадиҳанда супорида мешавад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1167).
2. Агар аризадиҳанда дар мӯҳлати муқарраршуда норасоиҳои дар таъинот номбаршударо ислоҳ кунад, аризаи даъвогӣ аз рӯзи пешниҳоди ибтидоии он ба суд пешниҳодшуда эътироф мегардад. Дар акси ҳол аризаи даъвогӣ пешниҳодшуда ба ҳисоб намеравад ва ба аризадиҳанда бо ҳамаи ҳуҷҷатҳои ба ариза замимагардида баргардонида мешавад.
3. Нисбати таъинот оид ба беҳаракат монондани аризаи даъвогӣ шахсони иштирокчии парванда метавонанд шикояти хусусӣ пешниҳод намоянд.
Моддаи 140. Пешниҳоди аризаи даъвогии муқобили даъво
Ҷавобгар ҳуқуқ дорад ба суд то оғози муҳокимаи судӣ нисбат ба даъвогар аризаи даъвогии муқобили даъво пешниҳод кунад, ки он якҷоя бо аризаи даъвогии ибтидоӣ баррасӣ карда мешавад. Пешниҳоди аризаи даъвогии муқобили даъво тибқи қоидаҳои умумии пешниҳоди аризаи даъвогӣ сурат мегирад.
Моддаи 141. Шартҳои қабули аризаи даъвогии муқобили даъво
Судя дар ҳолатҳои зерин аризаи даъвогии муқобили даъворо қабул мекунад, агар:
- байни аризаи даъвогии муқобили даъво ва аризаи даъвогии ибтидоӣ вобастагии мутақобила мавҷуд бошад ва баррасии якҷояи онҳо барои саривақт ва дуруст баррасӣ намудани баҳсҳо мусоидат намояд;
- қонеъгардонии аризаи даъвогии муқобили даъво қонеъгардонии аризаи даъвогии ибтидоиро пурра ё қисман истисно намояд.
БОБИ 13. ТАЪМИНИ ДАЪВО
Моддаи 142. Асосҳои таъмини даъво
Судя ҳуқуқ дорад тибқи аризаи шахсони иштирокчии парванда барои таъмини даъво тадбирҳо андешад. Таъмини даъво дар ҳама марҳилаҳои баррасии парванда имконпазир аст, агар наандешидани чунин тадбирҳо иҷрои ҳалномаро мушкил ё ғайриимкон гардонад. Чунин ариза мумкин аст ба суд дар шакли электронӣ бо ҷойгир намудани он дар сомонаи суд пешниҳод карда шавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1930).
Моддаи 143. Тадбирҳо оид ба таъмини даъво
1. Тадбирҳо оид ба таъмини даъво инҳо мебошанд:
- ҳабси молу мулке, ки ба ҷавобгар мансуб аст;
- манъ намудани анҷом додани амалҳои муайяни ҷавобгар;
- манъ намудани анҷом додани амали муайяни дигар шахсон вобаста ба мавзӯи баҳс, аз ҷумла ба ҷавобгар додани молу мулк ё нисбат ба ӯ анҷом додани дигар ӯҳдадориҳо;
- боздоштани фурӯши молу мулк ҳангоми пешниҳоди даъво барои аз ҳабс озод кардани молу мулк (хориҷ намудан аз рӯйхат);
- боздоштани ситонидан дар асоси ҳуҷҷати иҷро, ки қарздор тибқи тартиби судӣ мавриди баҳс қарор додааст.
2. Судя ҳангоми зарурат метавонад оид ба таъмини даъво тадбирҳои дигаре андешад, ки ҷавобгӯи талаботи моддаи 142 ҳамин Кодекс бошад. Судя метавонад якчанд навъи таъмини даъворо иҷозат диҳад.
3. Ҳабси молу мулки ташкилот, шаҳрванд - соҳибкори инфиродӣ ҳангоми таъмини даъво бо тартиби зайл анҷом дода мешавад:
- дар навбати аввал - нисбат ба молу мулки ҷавобгар, ки бевосита дар истеҳсолот истифода намешавад: коғазҳои қиматнок, воситаҳои пулӣ дар ҳисобномаҳои ҷавобгар, арзишҳои асъорӣ, мошини сабукрав, ашёи ороишии (дизайни) офисҳо ва ғайра;
- дар навбати дуюм - нисбат ба маҳсулоти (моли) тайёр, инчунин дигар арзишҳои моддие, ки дар истеҳсолот истифода намешаванд ва барои истифодаи бевосита дар истеҳсолот пешбинӣ нашудаанд;
- дар навбати сеюм - нисбат ба объектҳои молу мулки ғайриманқул, инчунин ашё, мавод, дастгоҳ, таҷҳизот ва дигар воситаҳои асосие, ки барои истифодаи бевосита дар истеҳсолот таъин гардидаанд;
- дар навбати чорум - нисбат ба молу мулке, ки ба дигар шахсон дода шудаанд.
4. Ҳангоми вайрон кардани қоидаҳои дар сархатҳои дуюм ва сеюми қисми 1 ҳамин модда зикргардида шахсони гунаҳкор ба андозаи то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷаримабандӣ карда мешаванд. Ғайр аз ин даъвогар ҳуқуқ дорад тибқи тартиби судӣ аз ин шахсон ҷуброни зиёнеро, ки вобаста ба иҷро накардани таъинот ҷиҳати таъмини даъво расонида шудааст, талаб намояд.
5. Тадбирҳо оид ба таъмини даъво бояд ба талаботи пешниҳоднамудаи даъвогар мутаносиб бошанд.
6. Дар бораи тадбирҳои андешидашуда барои таъмини даъво вобаста ба навъи онҳо судя ё суд мақоми дахлдори давлатиро, ки молу мулк ё ҳуқуқ ба онро ба қайд мегиранд, огоҳ месозад, даъвогар бошад, огоҳиномаи гарави дахлдорро дар Феҳристи ягонаи давлатии ӯҳдадориҳои таъминшуда ба қайд мегирад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1559).
Моддаи 144. Баррасии ариза оид ба таъмини даъво
Ариза оид ба таъмини даъво дар рӯзи ворид шудани он ба суд бе огоҳ намудани ҷавобгар ва дигар шахсони иштирокчии парванда баррасӣ мегардад. Дар бораи тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати таъмини даъво суд таъинот қабул мекунад.
Моддаи 145. Иҷрои таъинот дар бораи таъмини даъво
1. Таъинот дар бораи таъмини даъво тибқи тартибе, ки барои иҷрои санадҳои судӣ муқаррар шудааст, фавран иҷро карда мешавад.
2. Дар асоси таъинот оид ба таъмини даъво суд варақаи иҷро медиҳад.
Моддаи 146. Иваз кардани як навъи таъмини даъво ба навъи дигар
1. Бо дархости шахси иштирокчии парванда як навъи таъмини даъворо ба навъи дигар иваз кардан мумкин аст.
2. Масъалаи иваз кардани як навъи таъмини даъво ба навъи дигар тибқи талаботи моддаи 144 ҳамин Кодекс аз ҷониби судя ҳал карда мешавад.
3. Ҳангоми таъмини даъво оид ба ситонидани маблағҳои пулӣ ҷавобгар ҳуқуқ дорад бар ивази тадбирҳои андешидаи судя барои таъмини даъво ба депозити суд маблағи талабнамудаи даъвогарро гузаронад (Қонуни ҶТ аз  2.01.2018 № 1474).
Моддаи 147. Бекор кардани таъмини даъво
1. Таъмини даъво мумкин аст аз ҷониби ҳамон судя дар асоси аризаи ҷавобгар бекор карда шавад.
2. Масъалаи бекор кардани таъмини даъво дар маҷлиси судӣ ҳал карда мешавад. Шахсони иштирокчии парванда оид ба вақт ва маҳалли баргузории маҷлиси судӣ огоҳ карда мешаванд, аммо ҳозир нашудани онҳо барои баррасии масъалаи бекор кардани таъмини даъво монеа шуда наметавонад.
3. Ҳангоми рад намудани даъво тадбирҳои андешидашудаи таъмини даъво то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома амал мекунанд. Аммо судя метавонад ҳамзамон бо қабули ҳалнома ё баъди қабули он дар бораи бекор кардани таъмини даъво таъинот қабул намояд. Ҳангоми қонеъгардонии даъво тадбирҳои андешидашуда барои таъмини он то иҷрои ҳалнома эътибори худро нигоҳ медоранд.
Моддаи 148. Шикояти хусусӣ нисбати таъинот оид ба таъмини даъво
1. Нисбати ҳамаи таъинот оид ба таъмини даъво шахсони иштирокчии парванда метавонанд шикояти хусусӣ пешниҳод намоянд.
2. Агар таъинот оид ба таъмини даъво бе огоҳонии шахси шикоятнамуда қабул карда шуда бошад, мӯҳлати пешниҳоди ариза аз рӯзе ба ҳисоб гирифта мешавад, ки ӯ дар хусуси ин таъинот огоҳ гардидааст.
3. Пешниҳоди шикояти хусусӣ нисбати таъинот ҷиҳати таъмини даъво иҷрои ин таъинотро боз намедорад.
4. Пешниҳоди шикояти хусусӣ нисбати таъинот дар мавриди бекор кардани таъмини даъво ё иваз намудани як навъи таъмини даъво ба навъи дигар иҷрои таъинотро бозмедорад.
Моддаи 149. Тадбирҳои таъминоти пешакӣ ва ҷуброн намудани зарари вобаста ба таъмини даъво
1. То пешниҳоди даъво суд нисбат ба аризаи шахс метавонад тадбирҳои таъминоти пешакиро, ки ба манфиати молу мулки аризадиҳанда равона шудааст, андешад.
2. Суд тадбирҳои таъминоти пешакиро мутобиқи қоидаҳое, ки дар ҳамин боб пешбинӣ шудааст, меандешад.
3. Ариза оид ба андешидани тадбирҳои таъминоти пешакӣ ба суди маҳалли ҷойгиршавии ҷавобгар ё маҳалли ҷойгиршавии маблағи пулӣ ё дигар молу мулк, ки нисбати онҳо аризадиҳанда оид ба андешидани тадбирҳои таъминоти пешакӣ дархост изҳор намудааст ё ба суди маҳалле, ки дар он ҷо ҳуқуқи аризадиҳанда вайрон гардидааст, пешниҳод карда мешавад. Чунин ариза мумкин аст ба суд дар шакли электронӣ бо ҷойгир намудани он дар сомонаи суд пешниҳод карда шавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1930).
4. Ҳангоми пешниҳоди ариза оид ба тадбирҳои таъминоти пешакӣ аризадиҳанда ба суд ба андозаи дар аризаи таъминоти манфиати молу мулки зикршуда дар бораи анҷом додани таъминоти муқобил ҳуҷҷати тасдиқкунанда пешниҳод мекунад.
5. Дар мавриди пешниҳод накардани ин ҳуҷҷат суд аризаро оид ба андешидани тадбирҳои таъминоти пешакӣ тибқи моддаи 139 ҳамин Кодекс беҳаракат мегузорад.
6. Дар бораи тадбирҳои таъминоти пешакӣ суд таъинот қабул менамояд. Суд дар таъинот барои аризадиҳанда ҷиҳати пешниҳод намудани аризаи даъвогӣ аз рӯи талабот, ки оид ба он суд ҷиҳати таъминоти манфиатҳои молу мулкии аризадиҳанда тадбирҳо андешидааст, на бештар аз чордаҳ рӯз аз лаҳзаи қабул намудани таъинот муқаррар менамояд.
7. Аризадиҳанда аризаи даъвогиро ба суде, ки таъинот оид ба тадбирҳои таъминоти пешакӣ қабул кардааст ё дигар суд тибқи қоидаҳои тобеияти идоравӣ ва тобеияти судие, ки ҳамин Кодекс муайян кардааст, пешниҳод менамояд ва дар ин бора аризадиҳанда ба суде, ки таъиноти мазкурро қабул кардааст, хабар медиҳад.
8. Агар аризадиҳанда аризаи даъвогиро дар мӯҳлати дар таъинот оид ба тадбирҳои таъминоти пешакӣ муқарраргардида пешниҳод накунад, таъминот бо таъиноти ҳамин суд бекор карда мешавад.
9. Нусхаҳои таъинот ба аризадиҳанда ва дигар шахсони манфиатдор на дертар аз рӯзи дигари қабул намудани таъинот фиристода мешаванд.
10. Дар мавриди аз ҷониби аризадиҳанда пешниҳод шудани аризаи даъвогӣ аз рӯи талабот, ки оид ба он суд тадбирҳои таъминоти пешакӣ қабул кардааст, ин тадбирҳо чун тадбирҳои таъминоти даъво эътироф мешаванд.
11. Шахсе, ки ба ӯ дар натиҷаи андешидани тадбирҳои таъминоти пешакӣ то пешниҳоди даъво зарар расонида шуда бошад, метавонад аз аризадиҳанда ҷуброни зарарро дар ҳолатҳои зерин талаб кунад, агар:
- аризадиҳанда дар мӯҳлати муқарраркардаи суд аризаи даъвогиро аз рӯи талабот пешниҳод накарда бошад ва вобаста ба он суд оид ба таъмини манфиатҳои молу мулкии ӯ тадбирҳо андешида бошад;
- бо санади судии эътибори қонунӣ пайдокарда даъво рад карда шуда бошад.
12. Баҳсҳо дар бораи ҷуброни зарар бо тарзи пешниҳод намудани даъво бо тартиби умумӣ баррасӣ мегарданд.
БОБИ 14. ОМОДАСОЗИИ ПАРВАНДА БА МУҲОКИМАИ СУДӢ
Моддаи 150. Таъинот дар хусуси омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ
1. Судя баъди қабули ариза ҷиҳати омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ таъинот қабул мекунад ва амалеро, ки тарафҳо, шахсони дигари иштирокчии парванда бояд анҷом диҳанд, мӯҳлати иҷрои ин амалҳоро барои таъмини баррасии саривақтии парванда ва ҳалли дурусти он зикр менамояд.
2. Омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ нисбат ба ҳар як парвандаи маданӣ ҳатмӣ буда, аз ҷониби судя бо иштироки шахсони иштирокчии парванда ва намояндагони онҳо анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
Моддаи 151. Вазифаҳои омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ
Вазифаҳои омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ аз инҳо иборат мебошанд:
- муайян намудани қонуне, ки бояд ҳангоми ҳалли парванда ва муқаррар намудани муносибатҳои ҳуқуқии тарафҳо ба роҳбарӣ гирифта шавад;
- аниқ намудани ҳолатҳои воқеие, ки барои ҳалли дурусти парванда аҳамият доранд;
- ҳалли масъалаҳо оид ба ҳайати шахсони иштирокчии парванда ва дигар иштирокчиёни мурофиа;
- пешниҳоди далелҳои зарурӣ аз ҷониби тарафҳо ва дигар шахсони иштирокчии парванда;
- оштии тарафҳо.
Моддаи 152. Амали тарафҳо ҳангоми омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ
1. Ҳангоми омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ даъвогар ё намояндаи вай амалҳои зеринро иҷро менамояд:
- ба ҷавобгар талаботи даъворо изҳор намуда, асосҳои ин талаботро баён мекунад;
- ба ҷавобгар нусхаи далелҳоеро, ки ҳолатҳои асосноккунандаи талаботро тасдиқ менамоянд, месупорад;
- ба судя оид ба талаб карда гирифтани далелҳое, ки ӯ наметавонад мустақилона, бе кӯмаки суд ба даст оварад, дархост пешниҳод менамояд.
2. Ҳангоми омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ ҷавобгар ё намояндаи вай амалҳои зеринро иҷро менамояд:
- талаботи даъвои даъвогар ва асосҳои ин талаботро аниқ месозад;
- ба даъвогар ва судя дар шакли хаттӣ оид ба талаботи даъво норозигӣ пешниҳод мекунад;
- ба даъвогар ва судя далелҳоеро, ки норозигии ӯро вобаста ба даъво асоснок мекунанд, месупорад;
- ба судя дар хусуси талаб карда гирифтани далелҳое, ки ӯ наметавонад мустақилона, бе кӯмаки суд ба даст оварад, дархост пешниҳод менамояд.
Моддаи 153. Амали судя ҳангоми омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ
1. Судя ҳангоми омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ амалҳои зеринро иҷро менамояд:
- даъвогарро оид ба моҳияти талаботи пешниҳоднамудааш пурсида, агар зарур бошад, ба он пешниҳод мекунад, ки дар мӯҳлатҳои муайян далелҳои иловагиро ба суд супорад;
- ҷавобгарро оид ба ҳолатҳои парванда пурсида, муайян менамояд, ки муқобили даъво кадом норозигиҳо мавҷуданд ва бо кадом далелҳо ин норозигиҳоро метавон тасдиқ намуд, ба тарафҳо ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои мурофиавиашонро тавзеҳ медиҳад;
- масъалаи ба парванда ҳамроҳ шудани ҳамдаъвогарон, ҳамҷавобгарон ва шахсони сеюмро, ки ба мавзӯи баҳс талаботи мустақил надоранд, инчунин масъалаҳои иваз намудани ҷавобгари номуносиб, якҷоя ё ҷудо кардани талаботи даъворо ҳал менамояд;
- барои аз ҷониби тарафҳо бастани созиши оштӣ тадбирҳо меандешад ва ҳуқуқи онҳоро барои муроҷиат ҷиҳати ҳалли баҳсҳо ба суди ҳакамӣ ва оқибатҳои чунин амал тавзеҳ медиҳад;
- оид ба вақт ва маҳалли баррасии парванда шаҳрвандон ё ташкилотҳои ба натиҷаи он манфиатдорро огоҳ месозад;
- масъалаҳои даъвати шоҳидонро ҳал мекунад;
- экспертиза ва барои гузаронидани он коршиноси судиро таъин намуда, инчунин масъалаҳои ба мурофиа ҷалб намудани мутахассис ва тарҷумонро ҳал мекунад;
- бо дархости тарафҳо, дигар шахсони иштирокчии парванда ва намояндагони онҳо аз ташкилот ва шаҳрвандон далелҳоеро, ки тарафҳо ё намояндагони онҳо наметавонанд мустақилона ба даст оранд, талаб карда мегирад;
- дар ҳолатҳои таъхирнопазир бо огоҳонидани шахсони иштирокчии парванда дар маҳалли ҷойгиршавӣ далелҳои хаттӣ ва шайъиро аз назар мегузаронад;
- супоришҳои судиро мефиристад;
- оид ба таъмини даъво тадбирҳо меандешад;
- дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 155 ҳамин Кодекс масъалаи баргузории маҷлиси пешакии судӣ, вақт ва маҳалли баргузории онро ҳал менамояд;
- дигар амалҳои зарурии мурофиавиро анҷом медиҳад.
2. Судя ба ҷавобгар нусхаи ариза ва ҳуҷҷатҳои замимагардидаро, ки талаботи даъвогарро асоснок мекунанд, месупорад ё мефиристад ва тавсия медиҳад, ки дар мӯҳлати муқаррарнамудаи он барои асоснок намудани норозигии худ далелҳоро пешниҳод кунад. Судя тавзеҳ медиҳад, ки аз ҷониби ҷавобгар дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи суд пешниҳод накардани далелҳо ва норозигӣ барои баррасии парванда дар асоси далелҳои мавҷуда монеа шуда наметавонад.
3. Дар сурати мунтазам мухолифат намудани тараф ба омодасозии саривақтии парванда ба муҳокимаи судӣ судя метавонад барои сарфи воқеии вақт ба манфиати тарафи дигар мутобиқи қоидаҳои муқаррарнамудаи моддаи 101 ҳамин Кодекс ҷубронпулӣ ситонад.
Моддаи 154. Якҷоя ё ҷудо намудани якчанд талаботи даъво
1. Даъвогар ҳуқуқ дорад дар як аризаи даъвогӣ якчанд талаботи даъвои ба ҳам алоқамандро якҷоя кунад.
2. Судя, агар эътироф намояд, ки баррасии ҷудогонаи талаботи даъво мувофиқи мақсад мебошад, як ё якчанд талаботи даъвои якҷояшударо ба мурофиаи алоҳида ҷудо мекунад.
3. Ҳангоми пешниҳоди талаботи даъво аз ҷониби якчанд даъвогар ё нисбат ба якчанд ҷавобгар судя ҳуқуқ дорад як ё якчанд талаботи даъворо ба мурофиаи алоҳида ҷудо кунад, агар эътироф намояд, ки чунин ҷудокунӣ мувофиқи мақсад буда, барои дуруст ва саривақт баррасӣ ва ҳал кардани парванда мусоидат мекунад.
4. Судя, агар муайян намояд, ки дар баррасии ҳамин суд якчанд парвандаҳои ба ҳам монанд бо иштироки ҳамин тарафҳо ё якчанд парванда оид ба даъвои як даъвогар нисбат ба ҷавобгарони гуногун ё якчанд даъвогарон нисбат ба ҳамин як ҷавобгар мавҷуд мебошад, ҳуқуқ дорад бо дарназардошти фикри тарафҳо ин парвандаҳоро барои якҷоя баррасӣ ва ҳал намудан дар як мурофиа якҷоя намояд, агар эътироф кунад, ки чунин якҷоя намудан барои дуруст ва саривақт баррасӣ ва ҳал кардани парванда мусоидат мекунад.
5. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисмҳои 2, 3 ва 4 ҳамин модда судя таъинот қабул мекунад.
Моддаи 155. Маҷлиси пешакии судӣ
1. Мақсади маҷлиси пешакии судӣ аз таҳкими мурофиавии амалҳои амрии тарафҳо, ки ҳангоми омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ анҷом дода шудаанд, муайян намудани ҳолатҳои барои баррасии дуруст ва ҳалли парванда аҳамиятдошта, муайян намудани кифоягии далелҳо барои парванда, таҳқиқи далели гузаронидани мӯҳлати муроҷиат ба суд ва мӯҳлати даъво иборат мебошад.
2. Тарафҳо оид ба вақт ва маҳалли маҷлиси пешакии судӣ огоҳ карда мешаванд. Ҳозир нашудани тараф, намояндаи вай барои гузаронидани маҷлиси пешакии судӣ монеа шуда наметавонад. Тарафҳо дар маҷлиси пешакии судӣ ҳуқуқ доранд далелу ваҷҳ ва дархост пешниҳод намоянд.
3. Оид ба парвандаҳои мураккаб бо дарназардошти фикри тарафҳо судя метавонад барои гузаронидани маҷлиси пешакии судӣ мӯҳлатеро муайян кунад, ки аз доираи мӯҳлатҳои барои баррасӣ ва ҳалли парвандаҳо муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс зиёд мебошад.
4. Ҳангоми мавҷудияти ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои 220, 221, сархатҳои якум, дуюм, сеюм, чорум ва панҷуми моддаи 225, сархатҳои якум, дуюм, сеюм ва чоруми моддаи 227 ҳамин Кодекс баррасии парванда дар маҷлиси пешакии судӣ мумкин аст боздошта шавад ё қатъ гардад ё ариза бе баррасӣ мононда шавад.
5. Дар хусуси боздоштан ё қатъи баррасии парванда ё бе баррасӣ монондани ариза таъинот қабул карда мешавад. Нисбат ба таъинот шахсони иштирокчии парванда метавонанд шикояти хусусӣ пешниҳод намоянд.
6. Дар маҷлиси пешакии судӣ норозигии ҷавобгар дар хусуси аз ҷониби даъвогар бе сабабҳои узрнок гузаронидани мӯҳлати даъво ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ ва мӯҳлати муқаррарнамудаи қонун барои муроҷиат ба суд метавонад баррасӣ гардад. Ҳангоми муайян намудани далели бе сабабҳои узрнок гузаронидани мӯҳлати даъво ё мӯҳлати муроҷиат ба суд судя бе таҳқиқи дигар ҳолатҳои воқеии парванда дар хусуси рад намудани даъво ҳалнома қабул мекунад. Ба ҳалнома аз ҷониби шахсони иштирокчии парванда мумкин аст бо тартиби кассатсионӣ шикоят оварда шавад.
7. Дар хусуси гузаронидани маҷлиси пешакии судӣ мутобиқи моддаҳои 233 ва 234 ҳамин Кодекс протокол тартиб дода мешавад.
Моддаи 156. Таъини парванда ба муҳокимаи судӣ
Судя парвандаро ба муҳокимаи судӣ омодашуда эътироф намуда, дар хусуси таъин намудани парванда ба муҳокимаи судӣ таъинот қабул мекунад ва тарафҳо, дигар шахсони иштирокчии парвандаро оид ба вақт ва маҳалли баррасии парванда огоҳ намуда, дигар иштирокчиёни мурофиаро даъват мекунад.
БОБИ 15. МУҲОКИМАИ СУДӢ
Моддаи 157. Мӯҳлатҳои баррасӣ ва ҳалли парвандаҳои маданӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022)
1. Парвандаҳои маданӣ дар мӯҳлати то се моҳ аз рӯзи қабули ариза аз ҷониби судя баррасӣ ва ҳал карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
2. Суд парвандаҳоро дар хусуси барқарор намудан ба кор, ситонидани алимент дар мӯҳлати на дертар аз як моҳ аз рӯзи қабули аризаи тарафҳо аз ҷониби суд баррасӣ ва ҳал менамояд.
3. Қонун метавонад мӯҳлатҳои кӯтоҳи баррасӣ ва ҳалли категорияҳои алоҳидаи парвандаҳои маданиро муқаррар намояд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
Моддаи 158. Маҷлиси судӣ
Муҳокимаи парвандаҳои маданӣ дар маҷлиси судӣ бо огоҳонидани ҳатмии шахсони иштирокчии парванда оид ба маҳал ва вақти маҷлиси судӣ сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
Моддаи 158(1). Иштирок дар маҷлиси судӣ тариқи реҷаи мустақим (онлайн)
(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1930)
1. Шахсони иштирокчии парванда ҳуқуқ доранд дар маҷлиси судӣ тариқи реҷаи мустақим (онлайн) иштирок кунанд, агар онҳо дар ин хусус дархост намуда бошанд ва имконияти техникии баргузор намудани он дар суд мавҷуд бошад.
2. Судҳои дахлдори маҳалли истиқомат, маҳалли будубош ва (ё) маҳалли ҷойгиршавии шахсони иштирокчии парванда, намояндагони онҳо, ҳамчунин шоҳидон, коршиносон, мутахассисон ва тарҷумонҳо барои баргузории мурофиаи судӣ тариқи реҷаи мустақим (онлайн) мусоидат менамоянд. Барои таъмини иштироки шахсоне, ки дар тавқифгоҳи нигаҳдории муваққатӣ, тавқифгоҳи тафтишотӣ ва (ё) муассисаҳои тарбиявию ислоҳӣ қарор доранд, дар мурофиаи судӣ мумкин аст аз алоқаи видеоии ин муассисаҳо истифода шавад.
3. Суде, ки дар маҷлиси судӣ иштироки шахсони иштирокчии парванда, намояндаи онҳо, ҳамчунин шоҳидон, коршиносон, мутахассисон ва тарҷумонҳоро тариқи реҷаи мустақим (онлайн) таъмин менамояд, ба суд ҳозир шудани онҳоро санҷида, шахсияти онҳоро муайян мекунад, ба шоҳидон, экспертҳо, тарҷумонҳо дар бораи аз ҷониби суди баррасикунандаи парванда фаҳмондани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо ва огоҳ намудан дар бораи пешбинӣ гардидани ҷавобгарӣ барои аз ҷониби онҳо вайрон кардани қонун, забонхат мегирад. Забонхат на дертар аз рӯзи дигари гирифтани он ба суде, ки парвандаро баррасӣ менамояд, барои ҳамроҳ намудан ба протоколи маҷлиси судӣ ирсол карда мешавад.
4. Агар барои таъмини иштироки шахсони дар тавқифгоҳи нигаҳдории муваққатӣ, тавқифгоҳи тафтишотӣ ва (ё) муассисаҳои тарбиявию ислоҳӣ қарордошта дар реҷаи мустақим алоқаи видеоии ин муассисаҳо истифода шавад, гирифтани забонхат аз ин шахсон дар бораи аз ҷониби суди баррасикунандаи парванда фаҳмонидани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо ва огоҳ намудан дар бораи ҷавобгарӣ барои қонунвайронкунӣ аз ҷониби онҳо, бо мусоидати маъмурияти ин муассисаҳо амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1930).
Моддаи 159. Раисикунандаи маҷлиси судӣ
1. Судяе, ки парвандаро баррасӣ менамояд, вазифаи раисикунандаро иҷро мекунад.
2. Раисикунанда маҷлиси судиро роҳбарӣ карда, барои таҳқиқи ҳамаҷониба ва пурраи далелҳо ва ҳолатҳои парванда шароит фароҳам меоварад, аз муҳокимаи судӣ ҳамаи маводеро, ки ба парвандаи баррасишаванда муносибат надоранд, хориҷ мекунад. Дар сурати норозигӣ баён намудани ин ё он иштирокчии мурофиа нисбат ба амали раисикунанда норозигии изҳоршуда дар протоколи маҷлиси судӣ дарҷ карда мешавад. Раисикунандаи маҷлиси судӣ вобаста ба амали худ тавзеҳот медиҳад.
3. Раисикунандаи маҷлиси судӣ барои таъмини тартиби дахлдор дар маҷлиси судӣ тамоми тадбирҳои заруриро меандешад. Амри вай барои ҳамаи иштирокчиёни мурофиа, инчунин шаҳрвандоне, ки дар толори маҷлиси судӣ ҳузур доранд, ҳатмӣ мебошад.
Моддаи 160. Бевосита ва шифоҳӣ будани муҳокимаи судӣ
1. Суд ҳангоми баррасии парванда ӯҳдадор аст бевосита баёноти тарафҳо ва шахсони сеюм, нишондоди шоҳидон, хулосаи коршиносони судӣ, маслиҳат ва шарҳи мутахассисонро шунавад, бо далелҳои хаттӣ шинос шавад, далелҳои шайъиро аз назар гузаронад, сабтҳои овозро шунавад, сабтҳои видеоро тамошо намуда, далелҳои парвандаро таҳқиқ кунад.
2. Муҳокимаи парванда шифоҳӣ ва дар ҳайати тағйирнаёбандаи суд анҷом дода мешавад. Ҳангоми иваз намудани судя дар ҷараёни баррасии парванда муҳокимаи судӣ бояд аз ибтидо оғоз карда шавад.
Моддаи 161. Тартибот дар маҷлиси судӣ
1. Ҳангоми ба толори маҷлиси судӣ ворид шудани судя бо хитоби котиби маҷлиси судӣ "Суд меояд! Хоҳишмандам аз ҷой бархезед!" ҳамаи ҳозирин аз ҷой бармехезанд. Эълони ҳалнома, инчунин эълони таъинотро, ки бо он парванда бе қабули ҳалнома хотима меёбад, ҳозирини дар толори маҷлиси судӣ ҳузурдошта аз ҷой бархеста гӯш мекунанд.
2. Иштирокчиёни мурофиа ба судя бо ибораи "Мӯҳтарам суд" муроҷиат намуда, баёнот ва нишондоди худро аз ҷой бархеста иброз мекунанд. Истисно аз ин қоида танҳо бо иҷозати раисикунандаи маҷлиси судӣ анҷом дода мешавад.
3. Муҳокимаи судӣ бояд дар шароите сурат гирад, ки дар он кори мӯътадили суд ва амнияти иштирокчиёни мурофиа таъмин карда шавад.
4. Тартиби мӯътадили муҳокимаи судии парвандаро набояд амали шаҳрвандони дар толори маҷлиси судӣ ҳузурдошта халалдор созад.
5. Иштирокчиёни мурофиа ва ҳамаи шаҳрвандони дар толори маҷлиси судӣ ҳузурдошта бояд тартиби муқарраршударо риоя кунанд.
Моддаи 162. Тадбирҳое, ки нисбати вайронкунандагони тартиботи маҷлиси судӣ андешида мешаванд
1. Ба шахсе, ки дар маҷлиси судӣ тартиботро вайрон мекунад, раисикунандаи маҷлиси судӣ аз номи суд огоҳӣ эълон менамояд.
2. Ҳангоми такроран вайрон кардани тартибот дар маҷлиси судӣ шахси иштирокчии парванда ё намояндаи вай мувофиқи таъинот дар тамоми мӯҳлати муҳокимаи судӣ ё як қисми он мумкин аст аз толори маҷлиси судӣ хориҷ карда шаванд. Раисикунандаи маҷлиси судӣ шахси аз нав ба толори маҷлиси судӣ иҷозатдодашударо, ки аз як қисми муҳокимаи судӣ аз толори маҷлиси судӣ бароварда шуда буд, бо амали мурофиавие, ки ҳангоми ҳозир набудани ӯ сурат гирифта буд, шинос мекунад. Шаҳрвандони ҳангоми муҳокимаи парванда ҳузурдошта барои такроран вайрон кардани тартибот дар маҷлиси судӣ мувофиқи амри раисикунандаи маҷлиси судӣ барои ҳамаи мӯҳлати муҳокимаи судӣ аз толори маҷлиси судӣ хориҷ карда мешаванд.
3. Суд инчунин ҳуқуқ дорад шахсонеро, ки дар маҷлиси судӣ тартиботро вайрон кардаанд, таъинот қабул карда ба андозаи то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима бандад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871).
4. Агар дар амали шахсе, ки дар маҷлиси судӣ тартиботро вайрон кардааст, аломатҳои ҷиноят мавҷуд бошад, раисикунандаи маҷлиси судӣ нисбат ба вайронкунандаи тартибот маводи дахлдорро барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба вайронкунанда ба мақомоти прокуратура ирсол менамояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871).
5. Дар сурати ба таври оммавӣ аз ҷониби шаҳрвандони дар муҳокимаи парванда ҳузурдошта вайрон кардани тартибот дар маҷлиси судӣ раисикунандаи маҷлиси судӣ метавонад аз толори маҷлиси судӣ шаҳрвандонеро, ки иштирокчии мурофиа намебошанд, хориҷ кунад ва парвандаро дар маҷлиси пӯшидаи судӣ баррасӣ намояд ё муҳокимаи парвандаро мавқуф гузорад.
Моддаи 163. Оғози маҷлиси судӣ
Раисикунандаи маҷлиси судӣ дар вақти барои муҳокимаи судии парванда таъингардида маҷлиси судиро оғоз намуда, эълон менамояд, ки кадом парвандаи маданӣ баррасӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
Моддаи 164. Санҷиши ҳозиршавии иштирокчиёни мурофиа
1. Котиби маҷлиси судӣ дар бораи ҳозир шудани шахсони вобаста ба парвандаи баррасишаванда даъватшуда, оид ба хабардор будани шахсони ҳозирнашуда ва сабабҳои ҳозир нашудани онҳо ба суд маълумот медиҳад.
2. Раисикунандаи маҷлиси судӣ шахсияти иштирокчиёни ҳозиршудаи мурофиаро муайян карда, ваколати шахсони мансабдор ва ё намояндаҳои онҳоро месанҷад.
Моддаи 165. Тавзеҳи ӯҳдадориҳои тарҷумон
1. Раисикунандаи маҷлиси судӣ ба тарҷумон ӯҳдадории ӯро ҷиҳати тарҷумаи баёнот, нишондод, баромад, аризаи шахсоне, ки забони баррасии мурофиаи судиро намедонанд, инчунин ба ин шахсон тарҷума кардани мазмуни баёнот, нишондод, баромад, аризаи шахсони иштирокчии парванда ва шоҳидон, ҳуҷҷатҳо, сабтҳои овоз, хулосаҳои коршиносони судӣ, маслиҳатҳо, тавзеҳоти мутахассисон, инчунин амрҳои раисикунандаи маҷлиси судӣ, ҳалнома ва таъинотро, ки дар толори маҷлиси судӣ эълон мегардад, тавзеҳ медиҳад.
2. Раисикунандаи маҷлиси судӣ тарҷумонро оид ба ҷавобгарии пешбининамудаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дидаю дониста нодуруст тарҷума кардан огоҳ месозад ва забонхати ӯро ба протоколи маҷлиси судӣ замима менамояд.
3. Дар сурати саркашии тарҷумон аз ҳозир шудан ба маҷлиси судӣ ё саркашӣ аз иҷрои матлуби ӯҳдадориҳои худ суд метавонад ӯро ба андозаи то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷаримабандӣ кунад.
4. Қоидаҳои пешбининамудаи ҳамин модда нисбат ба шахсе, ки ишораҳои шахси кар ва гунгро мефаҳмонад (сурдотарҷумон), низ татбиқ мегардад.
Моддаи 166. Аз толори маҷлиси судӣ хориҷ кардани шоҳидон
Суд шоҳидони ҳозиршударо аз толори маҷлиси судӣ то даъват шудани онҳо барои додани нишондод хориҷ мекунад. Раисикунандаи маҷлиси судӣ барои бо шоҳидони пурсидашуда ҳамсӯҳбат нашудани шоҳидони пурсиданашуда тадбирҳо меандешад.
Моддаи 167. Ҳалли масъалаҳо оид ба ҳайати суд ва тавзеҳи ҳуқуқи худрадкунӣ ва рад намудан
1. Раисикунандаи маҷлиси судӣ ҳайати судро эълон намуда, иттилоъ медиҳад, ки кадом шахс ба сифати намоянда, прокурор, коршиноси судӣ, мутахассис, тарҷумон, котиби маҷлиси судӣ иштирок менамояд ва ба шахсони иштирокчии парванда ҳуқуқи худрадкунӣ ва рад намуданро тавзеҳ медиҳад.
2. Асосҳо барои худрадкунӣ ё рад намудан, тартиби ҳал ва оқибатҳои қонеъгардонии чунин аризаҳо мутобиқи моддаҳои 18,23 ҳамин Кодекс муайян карда мешаванд.
Моддаи 168. Ба шахсони иштирокчии парванда тавзеҳ додани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои мурофиавӣ
Раисикунандаи маҷлиси судӣ ба шахсони иштирокчии парванда ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои мурофиавӣ ва ба тарафҳо, инчунин ҳуқуқҳои пешбининамудаи моддаи 43 ҳамин Кодексро тавзеҳ медиҳад.
Моддаи 169. Аз ҷониби суд ҳал намудани дархости шахсони иштирокчии парванда
Дархости шахсони иштирокчии парванда оид ба масъалаҳои муҳокимаи парванда бо таъинот баъди шунидани фикри дигар шахсони иштирокчии парванда ҳал карда мешавад.
Моддаи 170. Оқибатҳои ба маҷлиси судӣ ҳозир нашудани шахсони иштирокчии парванда ва намояндагони онҳо
1. Шахсони иштирокчии парванда ӯҳдадоранд ба суд оид ба сабабҳои ҳозир нашудани худ иттилоъ диҳанд ва оид ба узрнок будани ин сабабҳо далелҳо пешниҳод намоянд.
2. Дар сурати ба маҷлиси судӣ ҳозир нашудани ин ё он шахси иштирокчии парванда, ки нисбат ба огоҳонида шудани ӯ маълумот мавҷуд намебошад, муҳокимаи парванда мавқуф гузошта мешавад.
3. Агар шахсони иштирокчии парванда оид ба вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ огоҳ шуда бошанд, суд дар сурати узрнок эътироф намудани ҳозир нашудани онҳо муҳокимаи парвандаро мавқуф мегузорад.
4. Суд ҳуқуқ дорад парвандаро ҳангоми ҳозир нашудани ин ё он шахси иштирокчии парванда, ки дар хусуси вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ огоҳ карда шудаанд, баррасӣ намояд, агар онҳо оид ба сабабҳои ҳозир нашуданашон маълумот пешниҳод накарда бошанд ё суд сабабҳои ҳозир нашудани онҳоро узрнок эътироф накунад.
5. Суд ҳуқуқ дорад парвандаро ҳангоми ҳозир нашудани ҷавобгаре, ки оид ба вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ огоҳонида шудааст, тибқи муқаррароти боби 22 ҳамин Кодекс баррасӣ намояд, агар ӯ ба суд дар хусуси сабабҳои узрноки наомаданаш иттилоъ надода бошад ё дар ҳолати бе иштирокаш баррасӣ намудани парвандаро хоҳиш накарда бошад.
6. Тарафҳо ҳуқуқ доранд ба таври хаттӣ аз суд хоҳиш намоянд, ки парванда бе иштироки онҳо баррасӣ гардад ва нусхаи ҳалнома ба онҳо ирсол карда шавад.
7. Суд метавонад муҳокимаи парвандаро дар асоси дархости шахси иштирокчии парванда вобаста ба ҳозир нашудани намояндаи ӯ бо сабабҳои узрнок мавқуф гузорад.
Моддаи 171. Оқибатҳои ба маҷлиси судӣ ҳозир нашудани шоҳидон, коршиносони судӣ, мутахассисон, тарҷумонҳо
1. Ҳангоми ба маҷлиси судӣ ҳозир нашудани шоҳидон, коршиносони судӣ, мутахассисон, тарҷумонҳо суд фикри шахсони иштирокчии парвандаро дар хусуси имконпазирии баррасии парванда ҳангоми ҳозир набудани шоҳидон, коршиносони судӣ, мутахассисон, тарҷумонҳо мешунавад ва дар хусуси идома додани муҳокимаи судӣ ё мавқуф гузоштани муҳокимаи парванда таъинот қабул мекунад.
2. Дар сурате, ки агар шоҳид, коршиноси судӣ, мутахассис ё тарҷумони ба суд даъватгардида бо сабабҳои аз ҷониби суд узрнок эътирофнашуда ба маҷлиси судӣ ҳозир нашавад, суд метавонад онҳоро ба андозаи то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима бандад. Агар шоҳид баъди даъвати дуюмбора низ бе сабабҳои узрнок ба маҷлиси судӣ ҳозир нашавад, метавонад маҷбурӣ оварда шавад, ки суд дар ин хусус таъинот қабул мекунад ва иҷрои он ба зиммаи мақомоти корҳои дохилӣ гузошта мешавад.
Моддаи 172. Мавқуф гузоштани муҳокимаи парванда
1. Мавқуф гузоштани муҳокимаи парванда дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс, инчунин ҳангоме, ки суд баррасии парвандаро дар ҳамин маҷлиси судӣ бо сабаби ҳозир нашудани яке аз шахсони иштирокчии парванда, пешниҳоди даъвои муқобили даъво, зарурати пешниҳод ё талаб карда гирифтани далелҳои иловагӣ, ба парванда ҷалб намудани дигар шахсон, анҷом додани дигар амалиёти мурофиавӣ имконнопазир шуморад, иҷозат дода мешавад.
2. Ҳангоми мавқуф гузоштани муҳокимаи парванда рӯзи нави маҷлиси судӣ бо дарназардошти вақте, ки барои даъвати иштирокчиёни мурофиа ё талаб карда гирифтани далелҳо заруранд, таъин гардида, дар ин хусус ба шахсони ҳозиршуда бо гирифтани дастхат эълон карда мешавад. Шахсони ҳозирнашуда ва шахсоне, ки бояд аз нав ба мурофиаи судӣ ҷалб гарданд, оид ба вақт ва маҳалли маҷлиси нави судӣ огоҳ карда мешаванд.
3. Муҳокимаи парванда баъди мавқуф гузоштани он аз лаҳзаи мавқуфгузорӣ идома дода мешавад.
Моддаи 173. Пурсиши шоҳидон ҳангоми мавқуф гузоштани муҳокимаи парванда
Суд ҳангоми мавқуф гузоштани муҳокимаи парванда, агар дар маҷлиси судӣ тарафҳо иштирок дошта бошанд, ҳуқуқ дорад шоҳидони ҳозиршударо пурсад. Даъвати такрории ин шоҳидон ба маҷлиси судӣ танҳо ҳангоми зарурат иҷозат дода мешавад.
Моддаи 174. Ба коршиноси судӣ ва мутахассис тавзеҳ додани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳо
Раисикунандаи маҷлиси судӣ ба коршиноси судӣ ва мутахассис ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳоро тавзеҳ дода, коршиноси судиро дар бораи ҷавобгарии ҷиноятии муқаррарнамудаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дидаю дониста додани хулосаи бардурӯғ огоҳ менамояд, ки аз ӯ дар ин бора забонхат гирифта шуда, ба протоколи маҷлиси судӣ замима мегардад.
Моддаи 175. Оғози моҳиятан баррасӣ намудани парванда
Моҳиятан баррасӣ намудани парванда бо маърӯзаи раисикунандаи маҷлиси судӣ оғоз мегардад. Раисикунандаи маҷлиси судӣ муайян менамояд, ки оё даъвогар талаботи худро дастгирӣ мекунад, оё ҷавобгар талаботи даъвогарро эътироф менамояд ва оё тарафҳо мехоҳанд парвандаро бо бастани созиши оштӣ қатъ намоянд.
Моддаи 176. Аз даъво даст кашидани даъвогар ё даъворо эътироф намудани ҷавобгар
1. Дар хусуси даст кашидани даъвогар аз даъво, эътирофи даъво аз ҷониби ҷавобгар ба суд аризаи хаттӣ пешниҳод карда мешавад, ки он дар протоколи маҷлиси судӣ зикр мегардад.
2. Суд ба даъвогар ё ҷавобгар оқибатҳои даст кашидан аз даъво, эътирофи даъворо тавзеҳ дода, аз онҳо дастхат мегирад, ки он ба маводи парванда замима карда мешавад.
3. Ҳангоми аз даъво даст кашидани даъвогар ва аз ҷониби суд қабул кардани он суд таъинот қабул мекунад, ки дар асоси он баррасии парванда қатъ мегардад. Суд ҳангоми аз ҷониби ҷавобгар эътироф гардидани даъво ва қабули он дар хусуси қонеъгардонии талаботи пешниҳоднамудаи даъвогар ҳалнома қабул мекунад.
4. Нисбат ба таъинот дар хусуси аз даъво даст кашидани даъвогар шахсони иштирокчии парванда метавонанд ба суд шикояти хусусӣ пешниҳод намоянд.
5. Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871).
Моддаи 177. Созиши оштии тарафҳо
1. Тарафҳо метавонанд бо бастани созиши оштӣ ба мурофиаи судӣ хотима бахшанд.
2. Созиши оштии тарафҳо аз ҷониби тарафҳо дар шакли хаттӣ тартиб дода шуда, ба суд пешниҳод карда мешавад, ки ба он даъвогар ва ҷавобгар имзо мегузоранд. Дар созиши оштии тарафҳо шартҳои созиш ва оқибатҳои ногувори иҷро нагардидани шартҳои созиш нишон дода мешаванд.
3. Суд бо таъиноти худ созиши оштии тарафҳоро тасдиқ ва баррасии парвандаро қатъ мекунад. Дар протоколи маҷлиси судӣ оид ба бастани созиши оштии тарафҳо қайд карда мешавад.
4. Суд ба тарафҳо оқибати бастани созиши оштиро тавзеҳ дода, аз онҳо забонхат мегирад, ки он ба маводи парванда замима карда мешавад.
5. Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871).
Моддаи 178. Баёноти шахсони иштирокчии парванда
1. Баъди маърӯзаи раисикунандаи маҷлиси судӣ оид ба парванда суд баёноти даъвогар, шахсони сеюме, ки ба тарафдории ӯ иштирок мекунанд, ҷавобгар, шахсони сеюме, ки ба тарафдории ӯ иштирок мекунанд, инчунин дигар иштирокчиёни парвандаро мешунавад. Прокурор, намояндагони мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ташкилотҳо, шаҳрвандоне, ки дар суд ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқ ва манфиати дигар шахсон иштирок доранд, аввалин шуда баёнот медиҳанд. Шахсони иштирокчии парванда ҳуқуқ доранд ба ҳамдигар савол диҳанд. Раисикунандаи маҷлиси судӣ ҳуқуқ дорад ба иштирокчиёни парванда дар ҳар лаҳзаи додани баёнот савол диҳад.
2. Баёноти хаттии шахсони иштирокчии парванда, инчунин баёноте, ки суд тибқи тартиби пешбининамудаи моддаҳои 65 ва 67 ҳамин Кодекс гирифтааст, аз ҷониби раисикунандаи маҷлиси судӣ эълон карда мешавад.
Моддаи 179. Муайян намудани пайдарҳамии таҳқиқи далелҳо
Суд баёноти шахсони иштирокчии парвандаро шунида, бо дарназардошти фикри онҳо пайдарҳамии таҳқиқи далелҳоро муқаррар менамояд.
Моддаи 180. Огоҳ намудани шоҳид оид ба ҷавобгарии ҷиноятӣ барои саркашӣ намудан аз додани нишондод ё дидаю дониста додани нишондоди бардурӯғ
1. Раисикунандаи маҷлиси судӣ то пурсиши шоҳид шахсияти ӯро муайян намуда, ба ӯ ҳуқуқ ва ӯҳдадории шоҳидро тавзеҳ медиҳад, ӯро дар хусуси ҷавобгарии ҷиноятӣ барои саркашӣ намудан аз додани нишондод ё дидаю дониста додани нишондоди бардурӯғ огоҳ месозад. Аз шоҳид забонхат гирифта мешавад, ки дар он ӯҳдадорӣ ва ҷавобгариаш тавзеҳ дода шудааст. Забонхат ба протоколи маҷлиси судӣ замима мегардад.
2. Раисикунандаи маҷлиси судӣ ба шоҳиде, ки ба синни шонздаҳ нарасидааст, ӯҳдадорӣ оид ба дуруст ва саҳеҳ иброз кардани ҳамаи он маълумотеро, ки вобаста ба парванда барояш маълум аст, тавзеҳ медиҳад, аммо ӯ оид ба ҷавобгарии ҷиноятӣ барои саркашӣ намудан аз додани нишондод ва дидаю дониста додани нишондоди бардурӯғ огоҳ карда намешавад.
Моддаи 181. Тартиби пурсиши шоҳидон
1. Ҳар як шоҳид дар алоҳидагӣ пурсида мешавад.
2. Раисикунандаи маҷлиси судӣ муносибати шоҳидро ба шахсони иштирокчии парванда муайян намуда, ба шоҳид пешниҳод мекунад, ки оид ба ҳамаи ҳолатҳои вобаста ба парванда, ки барояш шахсан маълуманд, ба суд маълумот диҳад.
3. Ба шоҳид савол додан мумкин аст. Аввалин шуда шахсе, ки мутобиқи аризаи ӯ шоҳид даъват шудааст ва намояндаи ӯ, баъд дигар шахсони иштирокчии парванда ва намояндагони онҳо саволҳо медиҳанд. Раисикунандаи маҷлиси судӣ ҳуқуқ дорад дар ҳамаи лаҳзаҳои пурсиш ба шоҳид савол диҳад.
4. Суд метавонад ҳангоми зарурат такроран дар ҳамон маҷлиси судӣ ё маҷлиси минбаъдаи судӣ шоҳидро пурсад, инчунин шоҳидонро ҷиҳати ошкор намудани ихтилофот дар нишондоди онҳо рӯ ба рӯ кунад.
5. Агар суд баромадани шоҳиди пурсидашударо аз толори маҷлиси судӣ иҷозат надиҳад, ӯ то анҷоми муҳокимаи парванда дар толори маҷлиси судӣ мемонад.
Моддаи 182. Аз ҷониби шоҳид истифода бурдани маводи хаттӣ
Шоҳид ҳуқуқ дорад ҳангоми додани нишондод аз маводи хаттӣ дар мавриде истифода барад, ки агар нишондод ба ин ё он маълумоти рақамӣ ё дигар маълумот алоқаманд буда, дар хотир доштани он душвор бошад. Ин мавод ба суд ва шахсони иштирокчии парванда пешниҳод гардида, бояд ба парванда замима карда шавад.
Моддаи 183. Пурсиши шоҳиди ноболиғ
1. Пурсиши шоҳиди синнаш то ба чордаҳсола нарасида бо иштироки омӯзгор гузаронида мешавад ва бо салоҳдиди раисикунандаи маҷлиси судӣ пурсиши шоҳиди синнаш аз чордаҳ то ҳаждаҳсола низ метавонад бо иштироки омӯзгор, ки суд даъват мекунад, анҷом дода шавад. Ҳангоми зарурат инчунин падару модар, фарзандхондагон, васӣ ё парастори шоҳиди ноболиғ даъват карда мешаванд. Ин шахсон метавонанд бо иҷозати раисикунандаи маҷлиси судӣ ба шоҳид савол диҳанд, инчунин фикри худро вобаста ба шахсияти шоҳид ва мазмуни нишондоди ӯ баён кунанд.
2. Дар ҳолатҳои истисноӣ, агар барои муайян намудани ҳолати парванда зарур бошад, дар вақти пурсиши шоҳиди ноболиғ мутобиқи таъинот аз толори маҷлиси судӣ ин ё он шахси иштирокчии парванда, ин ё он шахси дар толори маҷлиси судӣ ҳузурдошта метавонад хориҷ карда шавад. Баъди баргаштани шахси иштирокчии парванда ба толори маҷлиси судӣ ба маълумоти ӯ бояд мазмуни нишондоди шоҳиди ноболиғ расонида шуда, имконият дода шавад, ки ба шоҳид савол диҳад.
3. Шоҳиде, ки ба синни ҳаждаҳсолагӣ нарасидааст, баъди пурсиш аз толори маҷлиси судӣ берун бароварда мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар суд ҳузури ин шоҳидро дар толори маҷлиси судӣ зарур шуморад.
Моддаи 184. Эълон кардани нишондоди шоҳид
Нишондоди шоҳид, ки тибқи тартиби пешбининамудаи моддаҳои 65, 67, қисми 1 моддаи 73, моддаи 173 ҳамин Кодекс гирифта шудааст, дар маҷлиси судӣ эълон гардида, баъд аз он шахсони иштирокчии парванда ҳуқуқ доранд оид ба он баёнот диҳанд.
Моддаи 185. Таҳқиқи далелҳои хаттӣ
Далелҳои хаттӣ ё протоколҳои азназаргузаронии онҳо, ки дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои 65, 67, сархати нӯҳуми қисми 1 моддаи 153 ҳамин Кодекс тартиб дода шудаанд, дар маҷлиси судӣ эълон гардида, ба шахсони иштирокчии парванда, намояндагони онҳо ва ҳангоми зарурат ба шоҳидон, коршиносони судӣ ва мутахассисон пешниҳод карда мешаванд. Баъд аз он шахсони иштирокчии парванда метавонанд баёнот диҳанд.
Моддаи 186. Эълон ва таҳқиқи муросилот ва мухобироти шахсии шаҳрвандон
Бо мақсади ҳифзи махфияти муросилот ва мухобироти шахсии шаҳрвандон ин муросилот ва мухобиротро суд метавонад дар маҷлиси кушоди судӣ танҳо бо розигии шахсоне, ки байни онҳо чунин муросилот ва мухобирот сурат гирифтааст, эълон ва таҳқиқ намояд. Бе розигии ин шахсон муросилот ва мухобироти шахсӣ дар маҷлиси пӯшидаи судӣ эълон ва таҳқиқ карда мешавад.
Моддаи 187. Таҳқиқи далелҳои шайъӣ
1. Суд далелҳои шайъиро аз назар гузаронида, ба шахсони иштирокчии парванда, намояндагони онҳо ва дар ҳолатҳои зарурӣ ба коршиносони судӣ, мутахассисон ва шоҳидон пешниҳод менамояд. Шахсоне, ки ба онҳо далелҳои шайъӣ пешниҳод шудаанд, метавонанд таваҷҷӯҳи судро ба ин ё он ҳолати вобаста ба азназаргузаронӣ ҷалб намоянд. Ин аризаҳо дар протоколи маҷлиси судӣ дарҷ карда мешаванд.
2. Протоколи азназаргузаронӣ дар маҳалли ҷойгиршавии далелҳои шайъӣ дар маҷлиси судӣ эълон гардида, баъд аз он шахсони иштирокчии парванда метавонанд нисбат ба он баёнот диҳанд.
Моддаи 188. Азназаргузаронӣ дар маҳалли ҷойгиршавӣ
1. Азназаргузаронӣ ва таҳқиқи далелҳои хаттӣ ва шайъиро, ки овардани онҳо ба суд имконнопазир ё душвор аст, суд дар маҳалли ҷойгиршавии онҳо анҷом медиҳад. Дар хусуси азназаргузаронӣ дар маҳалли ҷойгиршавӣ суд таъинот қабул карда, протокол тартиб медиҳад.
2. Оид ба вақт ва маҳалли азназаргузаронӣ шахсони иштирокчии парванда ва намояндагони онҳо огоҳ карда мешаванд, аммо ҳозир нашудани онҳо барои анҷом додани азназаргузаронӣ монеа шуда наметавонад. Ҳангоми зарурат инчунин коршиносони судӣ, мутахассисон ва шоҳидон низ ҷалб карда мешаванд.
3. Натиҷаҳои азназаргузаронӣ дар протоколи маҷлиси судӣ дарҷ мегардад. Ба протокол нақша, ҷадвал, тарҳ, ҳисобҳо, нусхаи ҳуҷҷатҳо, сабтҳои видео, аксбардориҳои далелҳои хаттӣ ва шайъӣ, ки ҳангоми азназаргузаронӣ анҷом дода шудааст, инчунин хулосаи хаттии коршиноси судӣ ва маслиҳати мутахассис замима мегардад.
Моддаи 189. Шунидани сабти овоз, тамошои сабти видео ва таҳқиқи онҳо
1. Ҳангоми шунидани сабти овоз ва тамошои сабти видео, ки дорои маълумоти хусусияти шахсӣ мебошанд, инчунин ҳангоми таҳқиқи онҳо қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 186 ҳамин Кодекс татбиқ карда мешавад.
2. Шунидани сабти овоз ва тамошои сабти видео дар толори маҷлиси судӣ ё дигар бинои барои ин мақсадҳо махсус таҷҳизонидашуда сурат гирифта, дар протоколи маҷлиси судӣ нишонаҳои фарқкунандаи манбаъҳои далелҳои зикргардида, бо нишон додани вақти сабти онҳо дарҷ карда мешавад. Баъди ин суд баёноти шахсони иштирокчии парвандаро мешунавад. Ҳангоми зарурат шунидани сабти овоз ва тамошои сабти видео пурра ё дар ягон қисм такрор карда мешавад.
3. Бо мақсади ошкор намудани маълумоти дар сабти овоз ва сабти видео мавҷудбуда суд метавонад мутахассисро ҷалб намояд. Ҳангоми зарурат суд метавонад экспертиза таъин кунад.
Моддаи 190. Ариза дар мавриди сохта будани далелҳо
Ҳангоми пешниҳоди ариза оид ба мавҷуд будани далелҳои сохта суд метавонад барои санҷиши ин далелҳо экспертиза таъин кунад ё ба тарафҳо пешниҳод намояд, ки далелҳои дигарро пешниҳод кунанд.
Моддаи 191. Таҳқиқи хулосаи коршиноси судӣ
Хулосаи коршиноси судӣ дар маҷлиси судӣ эълон карда мешавад. Бо мақсади тавзеҳ додан ва пурра кардани хулосаи коршиноси судӣ ба коршиноси судӣ савол додан мумкин аст. Аввалин шуда шахс ва намояндаи ӯ, ки тибқи аризаи онҳо экспертиза таъин гардидааст, савол медиҳанд, сипас дигар шахсони иштирокчии парванда ва намояндагони онҳо савол медиҳанд. Агар экспертизаро суд таъин карда бошад, аввалин шуда ба коршиноси судӣ даъвогар ва намояндаи ӯ савол медиҳанд. Раисикунандаи маҷлиси судӣ ҳуқуқ дорад дар ҳар лаҳзаи пурсиш ба коршиноси судӣ савол диҳад.
Моддаи 192. Таъини экспертизаи иловагӣ ё такрорӣ
1. Хулосаи коршиноси судӣ дар маҷлиси судӣ таҳқиқ гардида, аз ҷониби суд якҷоя бо дигар далелҳо баҳо дода мешавад ва барои суд дорои эътибори қаблан муайянгардида намебошад. Норозӣ будани суд бо хулосаи коршиноси судӣ бояд дар ҳалнома оид ба парванда ё дар таъинот оид ба таъин намудани экспертизаи иловагӣ ё такрорӣ асоснок карда шавад.
2. Экспертизаи иловагиро суд ҳангоми дақиқ ё пурра набудани хулосаи коршиноси судӣ таъин мекунад. Гузаронидани экспертизаи иловагӣ ба ҳамон коршиноси судӣ ё коршиноси судии дигар супурда мешавад.
3. Агар суд бо хулосаи коршиноси судӣ бо сабаби беасос будани он розӣ набошад, экспертизаи такрорӣ таъин мекунад. Гузаронидани экспертизаи такрорӣ ба коршиноси ё (коршиносони) судии дигар супурда мешавад.
4. Дар таъинот оид ба гузаронидани экспертизаи такрорӣ ё иловагӣ бояд асосҳои норозигии суд бо хулосаи ибтидоии экспертиза зикр карда шаванд.
5. Коршиноси судие, ки экспертизаи ибтидоиро гузаронидааст, метавонад ҳангоми экспертизаи такрорӣ иштирок намояд, тавзеҳот диҳад, аммо дар таҳияи хулоса иштирок намекунад.
Моддаи 193. Маслиҳати мутахассис
1. Ҳангоми зарурат дар вақти азназаргузаронии далелҳои хаттӣ ё шайъӣ шунидани сабтҳои овоз, тамошои сабтҳои видео, таъини экспертиза, пурсиши шоҳидон, андешидани чораҳо оид ба таъмини далелҳо суд метавонад барои гирифтани маслиҳат тавзеҳ ва хизматрасонии бевоситаи техникӣ (аксбардорӣ, таҳияи нақша ва ҷадвалҳо, интихоби намуна барои экспертиза, нархгузории молу мулк ва ғайра) мутахассисро ҷалб намояд.
2. Шахсе, ки ба сифати мутахассис ҷалб шудааст, бояд ба суд ҳозир шавад, ба саволҳои суд ҷавоб диҳад, маслиҳат ё тавзеҳи хаттӣ ё шифоҳӣ диҳад, инчунин ҳангоми зарурат ба суд кӯмаки техникӣ расонад.
3. Мутахассис бо дарназардошти дониши касбӣ ва навъи фаъолият бе гузаронидани таҳқиқоти махсусе, ки тибқи таъинот сурат мегирад, дар шакли шифоҳӣ ё хаттӣ ба суд маслиҳат медиҳад. Маслиҳати мутахассис, ки дар шакли хаттӣ пешниҳод шудааст, дар маҷлиси судӣ эълон гардида, ба парванда замима карда мешавад. Маслиҳати шифоҳӣ ё тавзеҳи мутахассис дар протоколи маҷлиси судӣ дарҷ мегарданд.
4. Бо мақсади тавзеҳ ва пурра кардани маслиҳати мутахассис ба ӯ савол додан мумкин аст. Аввалин шуда шахсе ва ё намояндаи ӯ, ки тибқи аризаи онҳо мутахассис ҷалб шудааст савол медиҳад, сипас дигар шахсони иштирокчии парванда ва намояндагони онҳо савол медиҳанд. Ба мутахассисе, ки суд ҷалб кардааст, аввалин шуда даъвогар ва намояндаи ӯ савол медиҳанд. Раисикунандаи маҷлиси судӣ ҳуқуқ дорад дар ҳар лаҳзаи пурсиш ба мутахассис савол диҳад.
Моддаи 194. Хотима ёфтани таҳқиқи далелҳо
Баъди таҳқиқи ҳамаи далелҳо раисикунандаи маҷлиси судӣ аз шахсони иштирокчии парванда ва намояндагони онҳо муайян менамояд, ки оё онҳо метавонанд маводи парвандаро пурра кунанд. Ҳангоми мавҷуд набудани чунин аризаҳо раисикунандаи маҷлиси судӣ таҳқиқи парвандаро хотимаёфта эълон менамояд ва суд ба музокираҳои судӣ шурӯъ мекунад.
Моддаи 195. Музокираҳои судӣ
1. Музокираҳои судӣ аз баромади шахсони иштирокчии парванда ва намояндагони онҳо иборат мебошад.
2. Дар музокираҳои судӣ аввалин шуда даъвогар ва намояндаи ӯ, сипас ҷавобгар ва намояндаи ӯ баромад мекунанд. Шахси сеюме, ки ба мавзӯи баҳси мурофиаи оғозгардида талаботи мустақил пешниҳод намудааст ва намояндаи ӯ дар музокираҳо баъди тарафҳо ва намояндагони онҳо баромад мекунанд. Шахси сеюме, ки ба мавзӯи баҳс талаботи мустақилона пешниҳод накардааст ва намояндаи ӯ дар музокираҳо баъди даъвогар ё ҷавобгаре, ки дар парванда шахси сеюм ба тарафдории ӯ иштирок менамояд, баромад мекунанд.
3. Прокурор, намояндагони мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ташкилот ва шаҳрванде, ки ба суд ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони дигар муроҷиат намудаанд, дар музокираҳои судӣ аввалин шуда баромад мекунанд.
4. Прокурор, намояндагони мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ки дар мурофиа ҷиҳати додани хулоса иштирок менамоянд, дар музокираҳои судӣ баъди тарафҳо ва шахсони сеюм баромад мекунанд.
5. Баъди хотима ёфтани баромади ҳамаи иштирокчиёни музокираҳои судӣ онҳо метавонанд вобаста ба мӯҳтавои дар баромадҳояшон изҳоршуда бо ҳамдигар луқмапартоӣ кунанд. Ҳуқуқи охирин луқмапартоӣ ба ҷавобгар ва намояндаи ӯ тааллуқ дорад.
Моддаи 196. Аз нав оғоз намудани таҳқиқи далелҳо
1. Иштирокчиёни музокираҳои судӣ ҳуқуқ надоранд дар баромади худ ба ҳолатҳои муқаррарнакардаи суд, инчунин далелҳое, ки дар маҷлиси судӣ таҳқиқ нашудаанд, истинод кунанд.
2. Суд дар асоси аризаи тарафҳо оид ба зарурати муайян намудани ҳолатҳои барои парванда аҳамиятдошта ё таҳқиқ намудани далелҳои нав метавонад дар рафти музокираҳои судӣ ё баъди онҳо дар хусуси аз нав таҳқиқ намудани далелҳо таъинот қабул намояд. Баъди хотимаи таҳқиқи далелҳо музокираҳои судӣ бо тартиби умумӣ сурат мегирад.
Моддаи 197. Барои қабули ҳалнома рафтани суд
Судя баъди музокираҳои судӣ барои қабули ҳалнома ба хонаи алоҳида меравад, ки дар ин бора ӯ ба ҳозирини толори маҷлиси судӣ эълон менамояд.
БОБИ 16. ҲАЛНОМА
Моддаи 198. Қабул намудани ҳалнома
1. Санади суди марҳилаи якум, ки ба воситаи он парванда моҳиятан ҳал мешавад, аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли ҳалнома қабул мегардад.
2. Ҳалнома дар хонаи алоҳида қабул мегардад, ки дар он танҳо судяи баррасикунандаи парванда метавонад ҳузур дошта бошад. Ҳузур доштани шахсони дигар манъ аст.
3. Ҳалнома дар доираи талаботи пешниҳоднамудаи даъвогар қабул карда мешавад.
Моддаи 199. Эълони ҳалнома
1. Судя баъди имзои ҳалнома ба толори маҷлиси судӣ бармегардад ва ҳалномаро эълон карда, мӯҳтавои ҳалнома, тартиб ва мӯҳлати овардани шикоят ва эътирозро ба ҳалнома шифоҳӣ тавзеҳ медиҳад.
2. Ҳангоми эълони қисми хулосавии ҳалнома судя ӯҳдадор аст тавзеҳ диҳад, ки шахсони иштирокчии парванда ва намояндагони онҳо дар кадом мӯҳлат метавонанд бо ҳалномаи асоснок шинос шаванд.
3. Баъд аз эълон кардани ҳалнома раисикунанда бо розигии иштирокчиёни мурофиаи судӣ масъалаи дар сомонаи суди дахлдор ҷойгир намудани ҳалномаро пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани он ҳал менамояд. Дар ин хусус дар протоколи маҷлиси судӣ қайд карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1856).
Моддаи 200. Қонунӣ ва асоснок будани ҳалнома
1. Ҳалнома бояд қонунӣ ва асоснок бошад.
2. Суд ҳалномаро танҳо бо он далелҳое асоснок менамояд, ки дар маҷлиси судӣ таҳқиқ гардидаанд.
Моддаи 201. Тартиб додани ҳалнома
1. Ҳалномаро судя дар шакли хаттӣ қабул намуда, имзо мекунад. Ҳалнома дар шакли хаттӣ (коғазӣ ва (ё) электронӣ) тартиб дода мешавад. Агар дар суд имконияти дар шакли электронӣ тартиб додани ҳалнома мавҷуд набошад, ҳалнома танҳо дар шакли хаттӣ (коғазӣ) таҳия карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1930).
2. Ислоҳи ҳалнома бояд бо имзои судя тасдиқ карда шавад.
Моддаи 202. Мӯҳтавои ҳалнома
1. Ҳалнома аз қисмҳои муқаддимавӣ, баёнӣ, асосноккунӣ ва хулосавӣ иборат мебошад.
2. Дар қисми муқаддимавии ҳалнома бояд сана ва маҳалли қабул намудани ҳалнома, номи суде, ки ҳалномаро қабул намудааст, насаб, ном ва номи падари судя, котиби маҷлиси судӣ, тарафҳо, дигар шахсони иштирокчии парванда, намояндагони онҳо, мавзӯи баҳс ва талаботи пешниҳодшуда дарҷ гардад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871).
3. Дар қисми баёнии ҳалнома бояд талаботи даъвогар, норозигии ҷавобгар ва баёноти шахсони иштирокчии парванда дарҷ гардад.
4. Дар қисми асосноккунонии ҳалнома бояд ҳолатҳои парванда, ки суд муқаррар намудааст; далелҳое, ки хулосаи суд оид ба ин ҳолатҳо бо ин далелҳо асос ёфтаанд; ваҷҳҳое, ки дар асоси онҳо суд ин ё он далелро рад кардааст; қонуне, ки суд ба роҳбарӣ гирифтааст, дарҷ гардад.
5. Ҳангоми даъворо эътироф намудани ҷавобгар дар қисми асосноккунии ҳалнома метавонад танҳо оид ба эътирофи даъво ва аз ҷониби суд қабул гардидани он зикр карда шавад.
6. Ҳангоми рад кардани даъво бо сабабҳои узрнок эътироф накардани гузаронидани мӯҳлати даъво ё мӯҳлати муроҷиат ба суд дар қисми асосноккунии ҳалнома метавонад танҳо дар хусуси муқаррар намудани ин ҳолатҳо зикр карда шавад.
7. Қисми хулосавии ҳалнома бояд хулосаи судро дар хусуси пурра ё қисман қонеъ намудан ё рад намудани даъво, тақсими хароҷоти судӣ, мӯҳлат ва тартиби пешниҳоди шикоят, эътироз ва иҷрои ҳалномаро дар бар гирад.
Моддаи 203. Таҳияи ҳалномаи асоснок
1. Таҳияи ҳалномаи асоснок метавонад ба мӯҳлати на бештар аз панҷ рӯз мавқуф гузошта шавад, аммо қисми хулосавии ҳалномаро, суд бояд дар ҳамин маҷлиси судӣ, ки муҳокимаи парванда хотима ёфтааст, эълон намояд.
2. Қисми хулосавии эълоншудаи ҳалномаро бояд судя имзо гузорад ва он ба парванда замима мегардад.
Моддаи 204. Ислоҳи иштибоҳ ва хатогиҳои ошкори арифметикӣ дар ҳалнома
1. Суде, ки оид ба парвандаи маданӣ ҳалнома қабул намуда, онро эълон кардааст, ҳуқуқ надорад ин ҳалномаро бекор кунад ё тағйир диҳад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
2. Суд метавонад бо ташаббуси худ ё дар асоси аризаи шахсони иштирокчии парванда иштибоҳ ё хатогиҳои ошкори арифметикиро, ки дар ҳалнома мавҷуданд, ислоҳ кунад. Масъалаи ворид намудани ислоҳ ба ҳалнома дар маҷлиси судӣ баррасӣ мегардад. Шахсони иштирокчии парванда оид ба вақт ва маҳалли баргузории маҷлиси судӣ огоҳ карда мешаванд, аммо ҳозир нашудани онҳо барои ҳалли масъала ҷиҳати ворид намудани ислоҳ ба ҳалнома монеа шуда наметавонад.
3. Нисбат ба таъинот оид ба ворид намудани ислоҳ ба ҳалнома шахсони иштирокчии парванда метавонанд шикояти хусусӣ пешниҳод намоянд.
Моддаи 205. Ҳалномаи иловагӣ
1. Суде, ки вобаста ба парванда ҳалнома қабул намудааст, метавонад бо ташаббуси худ ё дар асоси аризаи шахси иштирокчии парванда дар ҳолатҳои зайл ҳалномаи иловагӣ қабул намояд, агар:
- оид ба ин ё он талаботе, ки шахсони иштирокчии парванда вобаста ба онҳо далелҳо пешниҳод намудаанд ё баёнот додаанд, аммо оид ба ин талабот ҳалнома қабул нашуда бошад;
- суд масъаларо оид ба ҳуқуқ ҳал намуда, андозаи маблағи ба фоидаи шахси дигар ситонидашаванда, молу мулки интиқолшаванда ё амалеро, ки бояд ҷавобгар анҷом диҳад, зикр накарда бошад;
- суд масъалаи хароҷоти судиро ҳал накарда бошад.
2. Масъалаи қабул намудани ҳалномаи иловагӣ метавонад то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома гузошта шавад. Ҳалномаи иловагиро суд баъди баррасии масъалаи зикргардида дар маҷлиси судӣ қабул менамояд, ки нисбат ба он метавонад шикоят пешниҳод гардад. Шахсони иштирокчии парванда оид ба вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ огоҳ карда мешаванд, аммо ҳозир нашудани онҳо барои баррасӣ ва ҳалли масъалаи қабул намудани ҳалномаи иловагии судӣ монеа шуда наметавонад.
3. Ҳангоми аз ҷониби суд рад намудани аризаи шахсони иштирокчии парванда оид ба қабули ҳалномаи иловагӣ суд дар ин бора таъинот қабул менамояд, ки нисбат ба он шахсони иштирокчии парванда метавонанд шикояти хусусӣ пешниҳод намоянд.
Моддаи 206. Тавзеҳи ҳалнома
1. Ҳангоми норавшании ҳалнома суде, ки ҳалномаро қабул кардааст, ҳуқуқ дорад дар асоси аризаи шахсони иштирокчии парванда ҳалномаро бе тағйир додани мӯҳтавои он тавзеҳ диҳад. Тавзеҳи ҳалнома ҳангоме имконпазир мебошад, ки агар он иҷро нагардида бошад.
2. Масъалаи тавзеҳи ҳалнома дар маҷлиси судӣ баррасӣ мегардад. Шахсони иштирокчии парванда оид ба вақт ва маҳалли баргузории маҷлиси судӣ огоҳ карда мешаванд, аммо ҳозир нашудани онҳо барои ҳалли масъалаи тавзеҳи ҳалнома монеа шуда наметавонад.
Моддаи 207. Батаъхиргузорӣ ё ба давраҳо ҷудо намудани мӯҳлати иҷрои ҳалнома, тағйир додани тарз ва тартиби иҷрои ҳалнома
1. Суде, ки оид ба парванда ҳалнома қабул кардааст, ҳуқуқ дорад дар асоси аризаи шахсони иштирокчии парванда ва ё иҷрочии мақомоти иҷро, бо дарназардошти вазъи молумулкии тарафҳо ё дигар ҳолатҳо иҷрои ҳалномаро ба таъхир гузорад ё мӯҳлати иҷрои ҳалномаро ба давраҳо ҷудо намояд, инчунин тарз ва тартиби иҷрои ҳалномаро тағйир диҳад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1612).
2. Аризаи зикргардида дар маҷлиси судӣ баррасӣ мегардад. Шахсони иштирокчии парванда оид ба вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ огоҳ карда мешаванд, аммо ба маҷлиси судӣ ҳозир нашудани онҳо барои ҳалли масъалаҳои дар назди суд гузошташуда монеа шуда наметавонад.
3. Нисбат ба таъинот оид ба масъалаҳои батаъхиргузорӣ ё ба давраҳо ҷудо намудани мӯҳлати иҷрои ҳалнома ҷиҳати тағйир додани тарз ва тартиби иҷрои ҳалнома шахсони иштирокчии парванда метавонанд шикояти хусусӣ пешниҳод намоянд.
Моддаи 208. Муайян намудани тартиб ва мӯҳлати иҷрои ҳалнома, таъмини иҷрои ҳалнома
Дар ҳолатҳое, ки агар суд тартиб ва мӯҳлати муайяни иҷрои ҳалномаро муқаррар намояд, иҷрои фаврии ҳалномаро тақозо кунад ё ҷиҳати таъмини иҷрои он тадбирҳо андешад, дар ин хусус дар қисми хулосавии ҳалнома зикр карда мешавад.
Моддаи 209. Ҳалнома дар бораи додани молу мулк ё арзиши он
Ҳангоми дар шакли асл ситондани молу мулк суд дар ҳалнома арзиши молу мулкеро, ки бояд аз ҷавобгар ситонида шавад, нишон медиҳад, инчунин дар ҳалнома нишон дода мешавад, ки агар ҳангоми иҷрои ҳалнома молу мулки ситонидашаванда дар шакли асл мавҷуд набошад, аз ҷавобгар арзиши он ситонида мешавад.
Моддаи 210. Ҳалнома оид ба ӯҳдадор намудани ҷавобгар барои анҷом додани амалҳои муайян ё худдорӣ намудан аз содир намудани амалҳои муайян
(Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1855)
1. Ҳангоми қабул намудани ҳалнома оид ба ӯҳдадор намудани ҷавобгар барои анҷом додани амали муайяни ба интиқоли молу мулк ё маблағҳои пулӣ вобастанабуда суд бояд дар ҳамин ҳалнома зикр намояд, ки агар ҷавобгар ҳалномаро дар мӯҳлати муқарраргардида иҷро накунад, пас даъвогар ҳуқуқ дорад ин амалро аз ҳисоби ҷавобгар бо ситонидани хароҷоти зарурӣ аз ӯ анҷом диҳад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871).
2. Агар ин амалҳоро танҳо ҷавобгар анҷом диҳад, суд дар ҳалнома мӯҳлатеро муқаррар менамояд, ки дар давоми он ҳалнома бояд иҷро карда шавад. Ҳалномае, ки ташкилот ё мақомоти дастҷамъиро барои иҷрои амали дахлдори ба интиқоли молу мулк ё маблағҳои пулӣ вобастанабуда ӯҳдадор мекунад, аз ҷониби роҳбарони онҳо дар мӯҳлати муқаррарнамудаи суд иҷро карда мешавад. Дар сурати иҷро накардани ҳалнома бе сабабҳои узрнок суде, ки ҳалнома баровардааст, нисбат ба роҳбари ташкилот ё мақомоти дастҷамъӣ чораҳои пешбининамудаи қонунро меандешад.
3. Ҳангоми қабул намудани ҳалнома оид ба уҳдадор намудани ҷавобгар барои худдорӣ намудан аз содир намудани амали муайян суд бояд дар ҳалнома зикр намояд, ки ҷавобгар аз содир намудани кадом амали муайян худдорӣ намояд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1855).
Моддаи 211. Ҳалнома ба манфиати якчанд даъвогар ё ба муқобили якчанд ҷавобгар
1. Ҳангоми қабул намудани ҳалнома ба манфиати якчанд даъвогар суд дар ҳалнома бояд зикр намояд, ки он ба кадом ҳисса ба ҳар яки онҳо марбут аст ё зикр намояд, ки ҳуқуқи ситонидан муштарак мебошад.
2. Ҳангоми қабул намудани ҳалнома ба муқобили якчанд ҷавобгар суд дар ҳалнома зикр менамояд, ки бо кадом ҳисса ҳар яке аз ҷавобгарон бояд ҳалномаро иҷро кунанд ва ё зикр менамояд, ки ҷавобгарии онҳо муштарак мебошад.
Моддаи 212. Индексатсияи маблағҳои пулии мансубдонисташуда
1. Дар асоси аризаи ситонанда ё қарздор суде, ки парвандаро баррасӣ намудааст, метавонад индексатсияи маблағҳои пулии аз ҷониби суд ситонидашударо дар рӯзи иҷрои ҳалнома ҳал кунад.
2. Ариза дар маҷлиси судӣ баррасӣ карда мешавад. Шахсони иштирокчии парванда оид ба вақт ва маҳалли баргузории маҷлиси судӣ огоҳ карда мешаванд, аммо ҳозир нашудани онҳо барои ҳалли масъалаи индексатсияи маблағҳои мансубдонисташуда монеа шуда наметавонад.
3. Нисбат ба таъинот оид ба масъалаҳои индексатсияи маблағҳои пулии мансуб донисташуда шахсони иштирокчии парванда метавонанд шикояти хусусӣ пешниҳод намоянд.
Моддаи 213. Эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома
1. Ҳалнома баъди гузаштани мӯҳлати шикоят ва эътирози кассатсионӣ эътибори қонунӣ пайдо мекунад, агар нисбат ба он шикоят ва эътирози кассатсионӣ пешниҳод нашуда бошад. Дар сурати пешниҳод намудани шикоят ва эътирози кассатсионӣ ҳалнома аз рӯзи қабули қарори марҳилаи кассатсионӣ эътибори қонунӣ пайдо мекунад, агар он бо қарори марҳилаи кассатсионӣ бекор карда нашуда бошад.
2. Баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома тарафҳо ва дигар шахсони иштирокчии парванда, ворисони ҳуқуқии онҳо наметавонанд аз нав ба суд бо ҳамин талабот ва тибқи ҳамин асос даъво пешниҳод кунанд, инчунин дар дигар мурофиаи маданӣ ҳолатҳо ва муносибатҳои ҳуқуқии муқаррарнамудаи судро мавриди баҳс қарор диҳанд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
3. Агар баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома, ки дар асоси он аз ҷавобгар пардохтҳои давравӣ ситонида мешавад, ҳолатҳо тарзе тағйир ёбанд, ки ба муайян намудани ҳаҷми пардохт ё давомнокии он таъсир мерасонанд, ҳар яке аз тарафҳо ҳуқуқ дорад бо роҳи пешниҳоди даъвои нав тағйир додани ҳаҷм ва мӯҳлати пардохтро талаб намояд.
Моддаи 214. Иҷрои ҳалнома
1. Ҳалнома баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани он, ба истиснои ҳолатҳои иҷрои фаврӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ва ҳамин Кодекс иҷро карда мешавад.
2. Қоидаҳои пешбининамудаи ҳамин боб, инчунин нисбат ба дигар санадҳои судие, ки дар моддаи 14 ҳамин Кодекс зикр гардидаанд ва мутобиқи онҳо мурофиа дар суди марҳилаи якум қатъ мегардад, татбиқ карда мешаванд.
Моддаи 215. Ҳалномае, ки бояд фавран иҷро карда шавад
1. Ҳалномаҳои зерин бояд фавран иҷро карда шаванд:
- оид ба ситонидани алимент;
- оид ба ситонидани музди меҳнат ба корманд;
- оид ба барқарор намудан ба кор;
- оид ба ҷуброни расонидани зарари ҷисмонӣ ё зарар ба саломатӣ;
- оид ба ҷуброни зараре, ки вобаста ба фавти саробон расонида шудааст;
- оид ба бистарикунонии маҷбурии шахси гирифтори бемории сил ва таъини ташхиси ҳатмӣ барои ошкор кардани бемории сил дар муассисаҳои махсуси тиббии зидди бемории сил (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1309);
- оид ба ҳамроҳ кардани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯйхати интихобкунандагон, иштирокчиёни раъйпурсӣ.
2. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда аз даъвогар дар сурати бекор карда шудани ҳалнома таъмин кардани баргашти иҷрои он талаб карда намешавад.
Моддаи 216. Фавран иҷро намудани ҳалнома тибқи аризаи даъвогар
1. Суд метавонад тибқи аризаи даъвогар иҷрои фаврии ҳалномаро талаб кунад, агар вобаста ба ҳолатҳои махсус ба таъхир гузоштани иҷрои ҳалнома тавонад ба ситонанда зарари калон расонад ё худи иҷро имконнопазир гардад. Суд ҳангоми иҷозати иҷрои фаврии ҳалнома метавонад аз даъвогар дар сурати бекор кардани ҳалнома таъмини баргашти иҷрои ҳалномаро талаб намояд.
2. Масъалаи иҷозат додани иҷрои фаврии ҳалнома дар маҷлиси судӣ баррасӣ мегардад. Шахсони иштирокчии парванда оид ба вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ огоҳ карда мешаванд, аммо ҳозир нашудани онҳо барои ҳалли масъалаи иҷрои фаврии ҳалнома монеа шуда наметавонад.
3. Нисбат ба таъинот оид ба масъалаи иҷрои фаврии ҳалнома шахсони иштирокчии парванда метавонанд шикояти хусусӣ пешниҳод намоянд. Пешниҳоди шикояти хусусӣ нисбат ба таъинот оид ба иҷрои фаврии ҳалнома ҷараёни иҷрои ин таъинотро бознамедорад.
Моддаи 217. Таъмини иҷрои ҳалнома
Суд иҷрои ҳалномаро, ки барои иҷрои фаврӣ пешниҳод нашудааст, тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи боби 13 ҳамин Кодекс таъмин менамояд.
Моддаи 218. Нусхаҳои ҳалнома ва супоридани онҳо
1. Ҳалномае, ки дар шакли электронӣ тартиб дода шудааст, на дертар аз панҷ рӯзи пас аз қабул шудани он, ба шахсони иштирокчии парванда бо ҷойгир намудани он дар сомонаи суд дар реҷаи дастрасии маҳдуд ирсол карда мешавад. Нусхаи ҳалнома дар шакли хаттӣ (коғазӣ) бо дархости шахсони номбурда дар ҳамин мӯҳлат, тавассути почта бо огоҳинома оид ба супоридан ирсол карда мешавад ва (ё) бо гирифтани забонхат ба онҳо супорида мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1930).
2. То ба ҳар як шахси иштирокчии парванда, супоридани нусхаи тасдиқгардидаи ҳалномаи эълоншуда ва пурра таҳиягардида ба ситонанда нусхаи ҳалнома, ки барои иҷрои маҷбурӣ зарур аст, дода намешавад.
Моддаи 219. Додани нусхаҳои иловагӣ ва дубликатҳои нусхаи ҳуҷҷатҳои судӣ
1. Додани беш аз як адад нусхаи ҳуҷҷати судӣ танҳо ҳангоме имконпазир аст, ки агар якчанд ситонанда бо талаботи аз ҳамдигар мустақили дар ҳуҷҷати иҷро зикргардида мавҷуд бошанд ё агар якчанд қарздоре мавҷуд бошанд, ки ӯҳдадоранд иҷрои талаботи аз ҳамдигар мустақилро вобаста ба ҳуҷҷати иҷро таъмин кунанд.
2. Дубликати нусхаи ҳуҷҷатҳо дар асоси аризаи шахсони иштирокчии парванда дода мешавад. Дар ариза оид ба додани нусхаи ҳуҷҷат сабабҳои гум кардани нусхаи ҳуҷҷат ва тадбирҳое, ки ҷиҳати пайдо кардани онҳо андешида шудаанд, зикр мегарданд.
БОБИ 17. БОЗДОШТАНИ БАРРАСИИ ПАРВАНДА
Моддаи 220. Ӯҳдадории суд оид ба боздоштани баррасии парванда
Суд ӯҳдадор аст дар ҳолатҳои зерин баррасии парвандаро боздорад:
- фавти шаҳрванд, агар муносибатҳои баҳсноки ҳуқуқӣ ворисии ҳуқуқиро иҷозат диҳад ё азнавташкилшавии шахси ҳуқуқӣ, ки дар парванда тараф ё шахси сеюми дорои талаботи мустақил мебошад;
- ғайри қобили амал эътироф намудани тараф ё набудани намояндаи қонунии шахсе, ки ғайри қобили амал эътироф шудааст;
- иштироки ҷавобгар дар амалиёти ҷангӣ, иҷрои вазифаҳо дар шароити вазъияти фавқулодда ва ё ҳолати ҷангӣ, инчунин дар шароити муноқишаҳои мусаллаҳона ё бо хоҳиши даъвогаре, ки дар амалиёти ҷангӣ иштирок мекунад ё вазифаҳоро дар шароити вазъияти фавқулодда ва ҳолати ҷангӣ, инчунин дар шароити муноқишаҳои мусаллаҳона анҷом медиҳад;
- имконнопазирии баррасии ҳамин парванда то ҳал намудани дигар парвандае, ки дар мурофиаи судии маданӣ, ҷиноятӣ ё иқтисодӣ баррасӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022);
- ҳангоми муроҷиати суд ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи конститутсионӣ будани қонуни татбиқшуда ё татбиқшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда.
Моддаи 221. Ҳуқуқи суд оид ба боздоштани баррасии парванда
Суд метавонад дар асоси аризаи иштирокчиёни парванда ё бо ташаббуси худ дар ҳолатҳои зайл баррасии парвандаро боздорад:
- ҳангоми дар муассисаи табобатӣ будани тараф;
- ҷустуҷӯи ҷавобгар;
- аз ҷониби суд таъин намудани экспертиза;
- таъин намудани санҷиши шароити истиқомат аз ҷониби мақомоти васӣ ва парастор оид ба парвандаҳои фарзандхондӣ ва дигар парвандаҳое, ки ба ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон дахл доранд;
- дар сафари хизматӣ будани тараф;
- аз ҷониби суд ирсол намудани супориши судӣ.
Моддаи 222. Мӯҳлатҳои боздоштани баррасии парванда
Баррасии парванда дар мӯҳлатҳои зерин боздошта мешавад:
- мутобиқи сархатҳои якум ва дуюми моддаи 220 ҳамин Кодекс, то муайян намудани вориси ҳуқуқии шахси иштирокчии парванда ё ба шахси ғайри қобили амал таъин намудани намояндаи қонунӣ;
- мутобиқи сархати сеюми моддаи 220 ва моддаи 221 ҳамин Кодекс то аз байн бурдани ҳолатҳое, ки барои боздоштани мурофиаи парванда асос гардидаанд;
- мутобиқи сархати чоруми моддаи 220 ҳамин Кодекс то эътибори қонунӣ пайдо кардани қарор, ҳалнома, ҳукм, таъинот;
- мутобиқи сархати панҷуми моддаи 220 ҳамин Кодекс то баррасӣ намудани дархост аз ҷониби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 223. Шикояти хусусӣ нисбат ба таъинот оид ба боздоштани баррасии парванда
Нисбат ба таъинот оид ба боздоштани баррасии парванда шахсони иштирокчии парванда метавонанд шикояти хусусӣ пешниҳод намоянд.
Моддаи 224. Аз нав оғоз намудани баррасии парванда
Баррасии парванда баъди бартараф намудани ҳолатҳое, ки боиси боздоштани он гардидаанд, дар асоси аризаи шахсони иштирокчии парванда ё бо ташаббуси суд аз нав оғоз карда мешавад. Ҳангоми аз нав оғоз намудани баррасии парванда судя таъинот қабул мекунад ва дар ин бора шахсони иштирокчии парвандаро огоҳ месозад.
БОБИ 18. ҚАТЪ НАМУДАНИ БАРРАСИИ ПАРВАНДА
Моддаи 225. Асосҳо барои қатъ намудани баррасии парванда
Суд баррасии парвандаро дар ҳолатҳои зерин қатъ менамояд, агар:
- парванда дар суд бо тартиби мурофиаи судии маданӣ, мутобиқи асосҳои пешбининамудаи сархати якуми қисми 1 моддаи 137 ҳамин Кодекс баррасӣ ва ҳал карда нашавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022);
- ҳалномаи эътибори қонунӣ пайдокардаи суд оид ба баҳси байни ҳамин тарафҳо вобаста ба ҳамин мавзӯъ ва тибқи ҳамин асосҳо ё таъиноти суд дар хусуси қатъи баррасии парванда вобаста ба даст кашидани даъвогар аз даъво ё дар хусуси тасдиқи созиши оштии тарафҳо мавҷуд бошад;
- даъвогар аз даъво даст кашида бошад ва суд онро қабул карда бошад;
- тарафҳо созиши оштӣ баста бошанд ва суд онро тасдиқ карда бошад;
- ҳалномаи суди ҳакамӣ оид ба баҳси байни ҳамин тарафҳо вобаста ба ҳамин мавзӯъ ва тибқи ҳамин асосҳо, ки барои тарафҳо ҳатмӣ мебошад, мавҷуд бошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки суд додани варақаи иҷроро барои иҷрои маҷбурии ҳалномаи суди ҳакамӣ рад намуда бошад;
- баъди фавти шаҳрванд ё барҳам додани шахси ҳуқуқӣ, ки яке аз тарафҳои парванда мебошанд, муносибатҳои ҳуқуқии баҳснок ворисии ҳуқуқиро иҷозат намедиҳад.
Моддаи 226. Тартиб ва оқибатҳои қатъ намудани баррасии парванда
1. Баррасии парванда тибқи таъинот қатъ мегардад. Ҳангоми қатъ намудани баррасии парванда муроҷиати такрорӣ ба суд оид ба баҳси байни ҳамин тарафҳо, вобаста ба ҳамин мавзӯъ ва тибқи ҳамин асосҳо иҷозат дода намешавад.
2. Нисбат ба таъинот оид ба қатъ намудани баррасии парванда шахсони иштирокчии парванда метавонанд шикоят ва эътироз пешниҳод намоянд.
БОБИ 19. БЕ БАРРАСӢ МОНОНДАНИ АРИЗА
Моддаи 227. Асосҳои бе баррасӣ монондани ариза
Суд аризаро дар ҳолатҳои зерин бе баррасӣ мемонад, агар:
- ариза аз ҷониби шахси ғайри қобили амал пешниҳод шуда бошад;
- ариза аз ҷониби шахсе имзо ё пешниҳод гардида бошад, ки барои имзои он ё пешниҳоди ариза ваколат надорад;
- дар баррасии ҳамин суд, суди дигар ё суди иқтисодӣ парвандаи қаблан оғознамуда оид ба баҳси байни ҳамин тарафҳо дар ҳамин мавзӯъ ва тибқи ҳамин асосҳо мавҷуд бошад;
- созиши тарафҳо дар хусуси супоридани ҳамин баҳс ба баррасӣ ва ҳалли суди ҳакамӣ мавҷуд бошад ва аз ҷавобгар то оғози моҳиятан баррасӣ намудани парванда оид ба баррасӣ ва ҳалли он ба суд норозигӣ ворид шуда бошад;
- тарафҳо дар ғоибии онҳо баррасӣ намудани парвандаро хоҳиш накарда бошанд ва баъди дубора даъват намудан низ ба суд ҳозир нашуда бошанд;
- даъвогаре, ки дар ғоибии у баррасӣ намудани парвандаро хоҳиш накарда бошад, баъди дубора даъват намудан низ ба суд ҳозир нашуда бошад ва ҷавобгар моҳиятан баррасӣ намудани парвандаро талаб накарда бошад.
Моддаи 228. Тартиб ва оқибатҳои бе баррасӣ монондани ариза
1. Суд оид ба бе баррасӣ монондани ариза таъинот қабул мекунад ва дар таъинот ҳолатҳои дар моддаи 227 ҳамин Кодекс номбаршударо, ки ба баррасии парванда монеа мегарданд, зикр менамояд ва роҳҳои бартараф намудани онҳоро тавзеҳ медиҳад.
2. Баъд аз бартараф шудани ҳолатҳое, ки барои бе баррасӣ монондани ариза асос шудаанд, шахси манфиатдор ҳуқуқ дорад ба суд тибқи тартиби умумӣ бо ариза муроҷиат кунад.
3. Суде, ки таъинотро ҷиҳати бе баррасӣ монондани ариза қабул намудааст, бо дархости даъвогар ё ҷавобгар тибқи асосҳои сархати панҷуми моддаи 227 ҳамин Кодекс таъиноташро метавонад бекор намояд, агар даъвогар ё ҷавобгар ба суд далелҳои тасдиқкунандаи бо сабабҳои узрнок ҳозир нашудан ба маҷлиси судӣ ва имконнопазирии иттилоъ додани онро пешниҳод намоянд.
4. Нисбат ба таъинот оид ба рад намудани қонеъгардонии чунин дархост шахсони иштирокчии парванда метавонанд шикояти хусусӣ пешниҳод намоянд.
БОБИ 20. ТАЪИНОТ
Моддаи 229. Қабул намудани таъинот
1. Санадҳои судии марҳилаи якум, ки мутобиқи онҳо парванда моҳиятан ҳал намегардад, дар шакли таъинот қабул карда мешаванд. Таъинот дар хонаи алоҳида тибқи тартиби пешбининамудаи моддаи 198 ҳамин Кодекс қабул карда мешавад.
2. Ҳангоми ҳал намудани масъалаҳое, ки ҳаллашон ба идома додани мурофиа монеа намегардад, судя метавонад бе гузаштан ба хонаи алоҳида таъинот қабул намояд. Чунин таъинот дар протоколи маҷлиси судӣ дарҷ мегардад.
3. Таъинот баъди қабул намудани он фавран эълон карда мешавад.
Моддаи 230. Мӯҳтавои таъинот
1. Дар таъинот бояд маълумотҳои зерин зикр гарданд:
- сана ва маҳалли қабули таъинот;
- номи суде, ки таъинотро қабул намудааст, насаб, ном ва номи падари судя ва котиби маҷлиси судӣ (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- насаб, ном ва номи падари шахсони иштирокчии парванда, мавзӯи баҳс ё талаботи пешниҳодшуда (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- масъалае, ки вобаста ба он таъинот қабул карда шудааст;
- асосҳое, ки тибқи он суд хулосаи худро қабул намудааст ва истинод ба қонуне, ки суд ба роҳбарӣ гирифтааст;
- хулосаи суд;
- тартиб ва мӯҳлати пешниҳоди шикоят ва эътироз нисбат ба таъинот, агар нисбат ба он шикоят ва эътироз овардан мумкин бошад.
2. Таъиноте, ки суд бе гузаштан ба хонаи алоҳида қабул менамояд, бояд маълумоти дар сархатҳои чорум-шашуми қисми 1 ҳамин модда зикргардидаро дар бар гирад.
Моддаи 231. Таъиноти хусусӣ
1. Ҳангоми муайян кардани ҳолатҳои вайронкунии қонун суд ҳуқуқ дорад таъиноти хусусӣ қабул намояд ва онро ба ташкилот ва шахсони мансабдори дахлдор ирсол намояд, ки онҳо ӯҳдадоранд дар мӯҳлати як моҳ аз тадбирҳои андешидаашон ба суд иттилоъ диҳанд.
2. Дар сурати пешниҳод накардани маълумот оид ба тадбирҳои андешидашуда, шахсони мансабдор бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд. Ҷавобгарии маъмурӣ шахсони мансабдорро аз уҳдадории додани маълумот оид ба тадбирҳое, ки мутобиқи таъиноти хусусии суд андешида шудаанд, озод намекунад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1474).
3. Агар ҳангоми баррасии парванда суд дар амали тарафҳо, дигар иштирокчиёни мурофиа, шахси мансабдор ё дигар шахс аломати ҷиноятро ошкор намояд, маводи дахлдорро барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба қонунвайронкунанда ба мақомоти прокуратура ирсол менамояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871).
4. Нисбат ба таъиноти хусусӣ шахсони иштирокчии парванда ва шахси нисбаташ таъиноти хусусӣ қабулгардида метавонанд шикояти хусусӣ пешниҳод намоянд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871).
Моддаи 232. Ба шахсони иштирокчии парванда супоридани нусхаи таъинот
(Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1167)
Ба шахсони иштирокчии парванда нусхаи таъинот дар бораи мавқуф гузоштан ё боздоштани баррасии парванда мувофиқи дархосташон ва нусхаи таъинот дар бораи қатъи истеҳсолот оид ба парванда ё бе баррасӣ монондани ариза бошад, дар мӯҳлати на дертар аз се рӯзи қабул гардиданаш ба таври дахлдор тасдиқ карда шуда, супорида мешавад. Таъиноте, ки дар шакли санади судии алоҳида қабул гардида, дар шакли электронӣ тартиб дода шудааст, на дертар аз панҷ рӯзи пас аз қабул шудани он ба шахсони иштирокчии парванда ва шахсони дигари манфиатдор тавассути ҷойгир намудани он дар сомонаи суд дар реҷаи дастрасии махдуд ирсол карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1167, аз 24.12.2022 № 1930).
БОБИ 21. ПРОТОКОЛҲО
Моддаи 233. Ҳатмӣ будани таҳияи протокол
Дар ҷараёни ҳар як маҷлиси судии марҳилаи якум, инчунин ҳангоми ҳама гуна амали мурофиавӣ, ки берун аз маҷлиси судӣ гузаронида мешавад, протокол тартиб дода мешавад.
Моддаи 234. Мӯҳтавои протокол
1. Протоколи маҷлиси судӣ ё амали ҷудогонаи мурофиавии берун аз маҷлиси судӣ гузарондашуда бояд ҳамаи маълумоти муҳимро оид ба баррасии парванда ё гузаронидани амали ҷудогонаи мурофиавӣ инъикос намояд.
2. Дар протоколи маҷлиси судӣ маълумотҳои зерин зикр мегарданд:
- сол, моҳ, сана ва маҳалли маҷлиси судӣ;
- оғоз ва анҷоми маҷлиси судӣ;
- номи суде, ки парвандаро баррасӣ намудааст, насаб, ном ва номи падари судя, котиби маҷлиси судӣ ва дигар шахсони иштирокчии парванда (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- номи парванда;
- маълумот дар бораи ҳозир шудани шахсони иштирокчии парванда, намояндагони онҳо, шоҳидон, коршиносони судӣ, мутахассисон ва тарҷумонҳо;
- маълумот оид ба тавзеҳи ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шахсони иштирокчии парванда, намояндагони онҳо, инчунин шоҳидон, коршиносони судӣ, мутахассисон ва тарҷумонҳо;
- амри раисикунандаи маҷлиси судӣ ва таъиноте, ки суд дар толори маҷлиси судӣ қабул намудааст;
- аризаҳо, дархостҳо ва баёноти шахсони иштирокчии парванда ва намояндагони онҳо;
- нишондоди шоҳидон, аз ҷониби коршиносони судӣ тавзеҳ додани хулосаҳои худ, маслиҳат ва эзоҳи мутахассисон;
- маълумот дар хусуси эълон кардани далелҳои хаттӣ оид ба азназаргузаронии далелҳои шайъӣ, шунидани сабтҳои овоз ва тамошои сабтҳои видео;
- мӯҳтавои хулосаи прокурор ва намояндагони мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ;
- мӯҳтавои музокираҳои судӣ;
- маълумот оид ба эълон ва тавзеҳи мӯҳтавои ҳалнома ва таъиноти суд, шарҳи тартиб ва мӯҳлати шикоят ва эътироз нисбат ба онҳо;
- маълумот дар хусуси ба шахсони иштирокчии парванда тавзеҳ додани ҳуқуқҳояшон ҷиҳати шинос шудан бо протоколи маҷлиси судӣ ва нисбати он пешниҳод намудани эродҳо;
- дар бораи ҷойгир намудани ҳалнома дар сомонаи суди дахлдор ҳангоми мавҷуд будани розигии иштирокчиёни мурофиаи судӣ (Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1856).
- санаи тартиб додани протоколи маҷлиси судӣ.
Моддаи 235. Тартиб додани протокол
1. Протоколро котиби маҷлиси судӣ дар маҷлиси судӣ ё ҳангоми гузаронидани амали ҷудогонаи мурофиавӣ берун аз маҷлиси судӣ тартиб медиҳад. Протокол дар шакли хаттӣ таҳия мегардад. Суд метавонад барои таъмини мукаммалии таҳияи протокол стенография, воситаҳои сабти овоз ва дигар воситаҳои техникиро истифода барад. Дар хусуси истифодаи воситаҳои техникии сабти овоз ва дигар воситаҳои техникии сабти ҷараёни маҷлиси судӣ дар протокол зикр карда мешавад. Ҳомили техникии сабти овоз ба протоколи маҷлиси судӣ замима мегардад.
2. Шахсони иштирокчии парванда, намояндагони онҳо ҳуқуқ доранд дар хусуси эълон кардани ин ё он қисми протокол, ба протокол дохил намудани маълумот оид ба ҳолатҳое, ки онҳоро барои парванда муҳим мешуморанд, дархост пешниҳод намоянд.
3. Протоколи маҷлиси судӣ бояд дар мӯҳлати на дертар аз панҷ рӯзи баъди хотима ёфтани маҷлиси судӣ ва протокол оид ба амали алоҳидаи мурофиавӣ дар мӯҳлати на дертар аз рӯзи дигари анҷом додани он тартиб дода шавад.
4. Протоколи маҷлиси судиро раисикунандаи маҷлиси судӣ ва котиби маҷлиси судӣ имзо мегузоранд. Ҳамаи тағйиру иловаҳо ва ислоҳот дар протокол бояд тавзеҳ дода шуда, бо имзои раисикунанда ва котиби маҷлиси судӣ тасдиқ карда шаванд.
Моддаи 236. Эродҳо нисбат ба протокол
Шахсони иштирокчии парванда, намояндагони онҳо ҳуқуқ доранд бо протокол шинос шуда, дар мӯҳлати панҷ рӯз аз рӯзи имзо шудани он дар шакли хаттӣ эродҳои худро нисбат ба протокол бо зикри носаҳеҳиҳо ё номукаммалии он пешниҳод кунанд.
Моддаи 237. Баррасии эродҳо нисбат ба протокол
1. Эродҳоро нисбат ба протокол раисикунандаи маҷлиси судӣ бо иштироки котиби маҷлиси судӣ баррасӣ менамояд. Ҳангоми розӣ будан бо эродҳо раисикунандаи маҷлиси судӣ саҳеҳии онҳоро тасдиқ менамояд ва ҳангоми розӣ набудан оид ба пурра ё қисман рад намудани онҳо таъиноти асоснок қабул менамояд. Эродҳо ба парванда замима мегарданд.
2. Эродҳо ба протокол бояд дар мӯҳлати панҷ рӯз аз рӯзи пешниҳод намудан баррасӣ карда шаванд.
БОБИ 22. МУРОФИАИ ҒОИБОНА
Моддаи 238. Асосҳо барои мурофиаи ғоибона
1. Ҳангоми ба маҷлиси судӣ ҳозир нашудани ҷавобгаре, ки оид ба вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ огоҳ шудааст, дар мӯҳлати на камтар аз се рӯз оид ба ҳолатҳои барои парванда аҳамиятдошта хабардор шуда, аммо дар хусуси сабабҳои узрноки ҳозир нашуданаш иттилоъ надодааст, дар ғоибиаш баррасӣ шудани парвандаро хоҳиш накардааст, парванда мумкин аст тибқи тартиби мурофиаи ғоибона баррасӣ карда шавад. Суд дар хусуси бо тартиби ғоибона баррасӣ намудани парванда таъинот қабул менамояд.
2. Ҳангоми дар парванда иштирок доштани якчанд ҷавобгарон баррасӣ бо тартиби мурофиаи ғоибона танҳо ҳангоми ба маҷлиси судӣ ҳозир нашудани ҳамаи ҷавобгарон имконпазир аст.
3. Агар даъвогари ба маҷлиси судӣ ҳозиршуда ба баррасии парванда бо тартиби мурофиаи ғоибона бе иштироки ҷавобгар розӣ набошад, суд муҳокимаи парвандаро мавқуф гузошта, ба ҷавобгар оид ба вақт ва маҳалли маҷлиси нави судӣ огоҳинома мефиристад.
4. Ҳангоми аз ҷониби даъвогар тағйир додани мавзӯъ ё асосҳои даъво, зиёд кардани ҳаҷми талаботи даъво суд ҳуқуқ надорад парвандаро бо тартиби мурофиаи ғоибона дар ҳамин маҷлиси судӣ баррасӣ намояд.
Моддаи 239. Қабул намудани ҳалномаи ғоибона
Барои баррасии парванда бо тартиби мурофиаи ғоибона суд аз рӯи асосҳои умумӣ маҷлиси судиро гузаронида, далелҳоеро, ки шахсони иштирокчии парванда пешниҳод намудаанд, санҷида, ваҷҳҳои онҳоро ба инобат гирифта, ҳалнома қабул менамояд, ки он ҳалномаи ғоибона номида мешавад.
Моддаи 240. Мӯҳтавои ҳалномаи ғоибона
1. Мӯҳтавои ҳалномаи ғоибона тибқи муқаррароти моддаи 202 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад.
2. Дар қисми хулосавии ҳалномаи ғоибона бояд тартиб ва мӯҳлати додани ариза оид ба бекор намудани ҳалномаи ғоибона нишон дода шавад.
Моддаи 241. Ирсоли нусхаи ҳалномаи ғоибона
Нусхаи ҳалномаи ғоибона ба даъвогар ва ҷавобгар дар мӯҳлати на дертар аз се рӯз аз рӯзи қабули ҳалномаи ғоибона бо огоҳинома оид ба супоридани он ирсол мегардад.
Моддаи 242. Шикоят намудан нисбат ба ҳалномаи ғоибона
1. Ҷавобгар ҳуқуқ дорад ба суде, ки ҳалномаи ғоибонаро қабул кардааст, оид ба бекор кардани ин ҳалнома ариза пешниҳод намояд.
2. Ариза оид ба бекор кардани ҳалномаи ғоибона метавонад дар мӯҳлати даҳ рӯз аз рӯзи ба ҷавобгар супоридани нусхаи ҳалномаи ғоибона пешниҳод карда шавад.
Моддаи 243. Мӯҳтавои ариза оид ба бекор кардани ҳалномаи ғоибона
1. Ариза оид ба бекор кардани ҳалномаи ғоибона бояд маълумотҳои зеринро дар бар гирад:
- номи суде, ки ҳалномаи ғоибона қабул кардааст;
- насаб, ном ва номи падари шахсе, ки ариза пешниҳод кардааст (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- ҳолатҳое, ки дар хусуси узрнокии ҳозир нашудани ҷавобгар ба маҷлиси судӣ гувоҳӣ медиҳанд ва ӯ натавонистааст сари вақт ба суд иттилоъ диҳад, далелҳое, ки ин ҳолатҳоро тасдиқ мекунанд, инчунин ҳолат ва далелҳое, ки метавонанд ба мӯҳтавои ҳалномаи ғоибона таъсир расонанд;
- талаби шахсе, ки ариза пешниҳод намудааст;
- номгӯи ҳуҷҷатҳои ба ариза замимагардида.
2. Ариза оид ба бекор кардани ҳалномаи ғоибона аз ҷониби ҷавобгар ва ҳангоми мавҷуд будани ваколат аз ҷониби намояндаи ӯ имзо гардида, ба суд бо нусхаҳо, мутаносибан ба теъдоди шахсони иштирокчии парванда пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 244. Амали суд баъд аз воридшавии ариза оид ба бекор кардани ҳалномаи ғоибона
Суд шахсони иштирокчии парвандаро оид ба вақт ва маҳалли баррасии ариза дар хусуси бекор кардани ҳалномаи ғоибона огоҳ намуда, ба онҳо нусхаҳои ариза ва ҳуҷҷатҳои замимашударо ирсол медорад.
Моддаи 245. Баррасӣ ва ҳалли ариза оид ба бекор кардани ҳалномаи ғоибона
1. Суд аризаро оид ба бекор кардани ҳалномаи ғоибона дар мӯҳлати даҳ рӯз аз рӯзи воридшавӣ ба суд дар маҷлиси судӣ баррасӣ менамояд. Ҳозир нашудани шахсони иштирокчии парванда, ки оид ба вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ огоҳ гардидаанд, ба баррасии ариза монеа шуда наметавонад.
2. Суде, ки парвандаро дар хусуси бекор кардани ҳалномаи ғоибона баррасӣ менамояд, оид ба рад намудани қонеъ кардани ариза ё бекор кардани ҳалномаи ғоибона ва аз нав оғоз намудани моҳиятан баррасии парванда таъинот қабул мекунад.
3. Тарафҳо метавонанд нисбат ба таъинот дар бораи рад намудани қонеъ кардани ариза оид ба бекор кардани ҳалномаи ғоибона бо тартиби кассатсионӣ дар мӯҳлати даҳ рӯз аз рӯзи қабул кардани таъинот дар бораи рад намудани қонеъ кардани ариза оид ба бекор кардани ҳалномаи ғоибона шикояти кассатсионӣ пешниҳод намоянд.
Моддаи 246. Асосҳои бекор кардани ҳалномаи ғоибона
Ҳалномаи ғоибона бояд бекор карда шавад, агар суд муқаррар намояд, ки ҳозир нашудани ҷавобгар ба маҷлиси судӣ бо сабабҳои узрнок сурат гирифта бошад ва ӯ наметавонист сари вақт ба суд дар ин бора хабар диҳад ва ҳамзамон ҷавобгар ба ҳолатҳое истинод намояд ва далелҳое пешниҳод кунад, ки метавонанд ба мӯҳтавои ҳалномаи ғоибона таъсир расонанд.
Моддаи 247. Аз нав оғоз намудани моҳиятан баррасии парванда
1. Суд баъд аз бекор кардани ҳалномаи ғоибона моҳиятан баррасӣ намудани парвандаро аз нав оғоз менамояд.
2. Ҳангоми ҳозир нашудани ҷавобгар ба мурофиаи судӣ, ки оид ба вақт ва маҳалли баргузории маҷлиси судӣ ба таври дахлдор огоҳ карда шудааст, ҳалномаи ҳангоми баррасии нави парванда қабулнамудаи суд ғоибона ҳисобида намешавад.
3. Ҷавобгар ҳуқуқ надорад, ки бо аризаи такрорӣ барои аз нав бо тартиби мурофиаи ғоибона баррасӣ намудани ҳамин ҳалнома ба суд муроҷиат намояд.
Моддаи 248. Эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи ғоибона
1. Ҳалномаи ғоибона бо гузашти мӯҳлати шикояти он, ки моддаи 242 ҳамин Кодекс пешбинӣ намудааст, эътибори қонунӣ пайдо мекунад.
2. Ҳангоми номаълум будани маҳалли воқеии истиқомати ҷавобгар, судя баъди аз ҷониби ташкилоти истифодаи манзил ё мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ё маъмурияти ҷойи кори охирини ҷавобгар бо тасдиқи номуайян будани маҳалли зисти воқеии ҷавобгар баргардонидани нусхаи ҳалнома, дар ҳолатҳои истисноие, ки ин ба манфиатҳои ноболиғон дахл дорад, оид ба ошкоро супоридани ҳалномаи ғоибона таъинот қабул мекунад. Дар таъинот талаботҳои дар қисми 2 моддаи 121 ҳамин Кодекс пешбинишуда нишон дода шуда, нусхаи он аз рӯзи қабул шуданаш дар ҷойи эълонҳои судӣ ҷойгир карда мешавад. Ҳалномаи ғоибона пас аз гузаштани як моҳ аз рӯзи ҷойгир кардани нусхаи таъинот дар ҷойи эълонҳои судӣ ба ҷавобгар ба таври ошкоро супоридашуда ҳисоб ёфта, пас аз ин бо гузаштани мӯҳлати пешбининамудаи моддаи 242 ҳамин Кодекс эътибори қонунӣ пайдо мекунад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871).
ЗЕРФАСЛИ III МУРОФИАИ ПАРВАНДАҲОЕ, КИ АЗ МУНОСИБАТҲОИ ҲУҚУҚИ ОММА БАРМЕОЯНД
БОБИ 23. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 249. Хориҷ карда шуд
 - оид ба аризаҳо дар бораи мавриди баҳс  қарор  додани  қарор  ва амали  (беамалии)  мақомоти ҳокимияти давлатӣ,  мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ;
     - оид  ба  аризаҳо дар бораи ҳифзи ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ҳуқуқи иштирок дар раъйпурсӣ;
    - хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1091)
     - дигар парвандаҳое,  ки аз муносибатҳои ҳуқуқи омма бармеоянд ва тибқи қонун ба салоҳияти судҳои юрисдиксияи умумӣ мансуб мебошанд.
Моддаи 250. Баррасӣ ва ҳалли парвандаҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи омма бармеоянд
1. Парвандаҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи омма бармеоянд, мутобиқи қоидаҳои умумии мурофиаи судии маданӣ, бо хусусиятҳои муқаррарнамудаи ҳамин боб, бобҳои 24, 25, 26 ҳамин Кодекс, дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва ҳал карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
2. Ҳангоми баррасӣ ва ҳалли парвандаҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи омма бармеоянд, қоидаҳо оид ба мурофиаи ғоибонаи муқаррарнамудаи боби 22 ҳамин Кодекс татбиқ намегарданд.
3. Ҳангоми баррасӣ ва ҳалли парвандаҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи омма бармеоянд, меъёрҳои мурофиаи даъвоӣ оид ба эътирофи даъво, даъвои муқобили даъво, тадбирҳои таъмини даъво, созиши оштии тарафҳо татбиқ намегарданд.
4. Ҳангоми баррасӣ ва ҳалли парвандаҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи омма бармеоянд, суд метавонад ба маҷлиси судӣ ҳозир шудани намояндаи мақоми ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахси мансабдор ё хизматчии давлатиро ҳатмӣ эътироф кунад. Суд ҳангоми ҳозир нашудани шахсони зикргардида метавонад онҳоро ба андозаи то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷаримабандӣ кунад.
Моддаи 251. Тартиби муроҷиат ба суд
1. Суд ба баррасии парвандаҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи омма бармеоянд, дар асоси аризаи шахсони манфиатдор шурӯъ мекунад. Дар ариза бояд зикр гардад, ки кадом қарор, амал (беамалӣ) бояд ғайриқонунӣ эътироф гардад ва кадом ҳуқуқ ва озодиҳои мушаххаси шахс бо ин қарор, амал (беамалӣ) вайрон карда шудаанд.
2. Муроҷиати шахси манфиатдор ба мақоми болоӣ ё ба шахси мансабдори болоӣ барои пешниҳоди ариза ба суд шарти ҳатмӣ намебошад.
Моддаи 252. Рад намудани қабули ариза ё қатъи баррасии парванда, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи омма бармеоянд
1. Баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи омма бармеоянд, шахсони иштирокчии парванда, инчунин дигар шахсон наметавонанд оид ба ҳамин талабот ё тибқи ҳамин асосҳо ба суд ариза пешниҳод кунанд.
2. Судя қабули аризаро рад менамояд ё баррасии парвандаро, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи омма бармеоянд, қатъ мекунад, агар оид ба ариза дар ҳамин мавзӯъ ҳалномаи эътибори қонунӣ пайдокардаи суд мавҷуд бошад.
Моддаи 253. Ӯҳдадориҳои исбот кардан оид ба парвандаҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи омма бармеоянд
1. Ӯҳдадории исбот кардани ҳолатҳои барои қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ асосгардида, қонунӣ будани онҳо, инчунин қонунӣ будани қарор, амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор, хизматчиёни давлатӣ, ки мавриди баҳс қарор гирифтаанд, ба зиммаи мақомоти чунин санади меъёрии ҳуқуқиро қабулкарда, инчунин мақомот ва шахсоне гузошта мешавад, ки қарори мавриди баҳсро қабул кардаанд ё амали (беамалии) мавриди баҳсро анҷом додаанд.
2. Ҳангоми баррасӣ ва ҳалли парвандаҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи омма бармеоянд, суд бо ташаббуси худ ва бо мақсади ҳалли дурусти парванда метавонад далелҳоро талаб намояд. Шахсони мансабдоре, ки талаботи судро оид ба пешниҳоди далелҳо иҷро намекунанд, ба андозаи то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷаримабандӣ карда мешаванд.
БОБИ 24. МУРОФИА ОИД БА ПАРВАНДАҲО ДАР БОРАИ МАВРИДИ БАҲС ҚАРОР ДОДАНИ ҚАРОР, АМАЛИ (БЕАМАЛИИ) МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ, МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ МАҲАЛЛӢ, ШАХСОНИ МАНСАБДОР ВА ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ
Моддаи 254. Пешниҳоди ариза дар бораи мавриди баҳс қарор додани қарор, амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ
1. Шаҳрвандон ва ташкилотҳо ҳуқуқ доранд дар суд қарор, амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатиро мавриди баҳс қарор диҳанд, агар чунин шуморанд, ки ҳуқуқ ва озодиҳои онҳо вайрон карда шудааст. Прокурор ҳуқуқ дорад дар доираи салоҳияти худ ба суд бо ариза дар бораи мавриди баҳс қарор додани қарор, амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ муроҷиат намояд.
2. Ариза ба суд мутобиқи тобеияти судии муқаррарнамудаи боби 3 ҳамин Кодекс пешниҳод карда мешавад. Аризаро шаҳрванд метавонад ба суди маҳалли истиқомати худ ё суди маҳалли ҷойгиршавии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахси мансабдор ва хизматчии давлатӣ, ки қарор, амали (беамалии) онҳо мавриди баҳс қарор доранд, пешниҳод намояд.
3. Рад намудани додани иҷозати аз Ҷумҳурии Тоҷикистон берун рафтан вобаста ба он, ки аризадиҳанда аз маълумоти дорои сирри давлатӣ огоҳ аст, дар суди шаҳр, ноҳия, вобаста ба маҳалли баровардани қарор дар бораи қонеъ нагардонидани дархости аз Ҷумҳурии Тоҷикистон берун рафтан мавриди баҳс қарор мегирад.
4. Аризаи хизматчии ҳарбӣ, ки қарор, амали (беамалии) мақомоти идораи ҳарбӣ ё командири қисми ҳарбиро мавриди баҳс қарор медиҳад, ба суди ҳарбӣ пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 255. Қарор, амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ, ки бояд бо тартиби мурофиаи судии маданӣ мавриди баҳс қарор гиранд
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022)
Ба қарор, амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ, ки бо тартиби мурофиаи судии маданӣ мавриди баҳс қарор гирифтаанд, қарор, амали (беамалии) дастҷамъӣ ё инфиродие дохил мешаванд, ки дар натиҷаи он (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022):
- ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд вайрон шудааст;
- барои аз ҷониби шаҳрванд татбиқ намудани ҳуқуқ ва озодиҳояш монеа вуҷуд дорад;
- ба зиммаи шаҳрванд ғайриқонунӣ ин ё он ӯҳдадорӣ гузошта шудааст ё ӯ ғайриқонунӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудааст.
Моддаи 256. Мӯҳлати муроҷиат ба суд бо ариза дар бораи мавриди баҳс қарор додани қарор, амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ
1. Шаҳрванд ҳуқуқ дорад бо ариза дар бораи мавриди баҳс қарор додани қарор, амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахси мансабдор ва хизматчии давлатӣ дар мӯҳлати се моҳ, ки ӯ аз вайрон гардидани ҳуқуқ ва озодиҳояш огоҳ шудааст, муроҷиат кунад.
2. Гузаронидани мӯҳлати семоҳаи муроҷиат ба суд бо ариза барои суд ҷиҳати рад намудани қабули ариза асос шуда наметавонад. Сабабҳои гузаронидани мӯҳлат дар маҷлиси пешакии судӣ ё маҷлиси судӣ муайянгардида метавонанд барои рад намудани қонеъ кардани ариза асос шаванд.
Моддаи 257. Баррасии ариза дар бораи мавриди баҳс қарор додани қарор, амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ
1. Аризаро суд дар мӯҳлати як моҳ бо иштироки шаҳрванд, прокурор, роҳбар ё намояндаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахси мансабдор ва хизматчии давлатӣ, ки қарор, амали (беамалии) он мавриди баҳс қарор гирифтааст, баррасӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1898).
2. Ба маҷлиси судӣ ҳозир нашудани ин ё он шахси дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида, ки ба таври дахлдор оид ба вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ огоҳ гардидааст, барои баррасии ариза монеа шуда наметавонад.
3. Ӯҳдадории исботи қонунӣ будани қарор, амал (беамалӣ) ба зиммаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахси мансабдор ва хизматчии давлатие гузошта мешавад, ки қарори мавриди баҳсро қабул кардааст ё амали (беамалии) мавриди баҳсро анҷом додааст.
Моддаи 258. Ҳалнома дар бораи мавриди баҳс қарор додани қарор, амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор, хизматчиёни давлатӣ ва иҷрои он
1. Суд агар аризаро асоснок эътироф намояд, дар бораи ӯҳдадории мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахси мансабдор ва хизматчии давлатӣ барои пурра аз байн бурдани вайронкунии ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ё монеаҳо ҷиҳати аз ҷониби шаҳрванд татбиқ намудани ҳуқуқ ва озодиҳояш ҳалнома қабул мекунад.
2. Ҳалнома барои аз байн бурдани вайронкунии қонун ба роҳбари мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахси мансабдор ва хизматчии давлатӣ, ки қарор, амали (беамалии) он мавриди баҳс карор дорад ва ё ба мақомоти болоӣ мувофиқи тобеияти шахси мансабдор, хизматчии давлатӣ дар мӯҳлати се рӯз аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома ирсол мегардад.
3. Ба суд ва аризадиҳанда дар хусуси иҷрои ҳалнома бояд дар мӯҳлати на дертар аз як моҳ аз рӯзи гирифтани ҳалнома иттилоъ дода шавад. Ҳалнома мутобиқи қоидаҳои дар қисми 2 моддаи 210 ҳамин Кодекс пешбинигардида иҷро карда мешавад.
4. Суд, агар муайян кунад, ки қарор ё амали мавриди баҳс қароргирифта мутобиқи қонун, дар доираи ваколати мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахси мансабдор ва хизматчии давлатӣ бароварда ё иҷро шудааст ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро вайрон намекунад, қонеъгардонии аризаро рад менамояд.
БОБИ 25. МУРОФИА ОИД БА ПАРВАНДАҲО ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ИНТИХОБОТӢ ВА ҲУҚУҚИ ИШТИРОКИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РАЪЙПУРСӢ
Моддаи 259. Пешниҳоди ариза дар бораи ҳифзи ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Интихобкунандагон, мақомоти ҳизбҳои сиёсӣ, ки номзадҳоро пешбарӣ кардаанд, худи номзадҳо, шахсони боэътимод, нозирон, комиссияи интихобот ва прокурор, агар чунин шуморанд, ки бо қарор ё амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ ҳуқуқи интихоботӣ вайрон карда шудааст, метавонанд ба суд бо ариза муроҷиат кунанд.
2. Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот метавонанд ба суд дар хусуси вайрон кардани қонунгузории интихобот аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ, мақомоти ҳизбҳои сиёсӣ, ки номзадҳоро пешбарӣ кардаанд, худи номзадҳо, комиссияҳои интихобот бо ариза муроҷиат кунанд.
Моддаи 260. Мӯҳлати муроҷиат ба суд ва баррасии парванда
1. Ариза ба суд метавонад дар мӯҳлати чил рӯз пеш аз интихобот, ки ба аризадиҳанда вайрон гардидани қонунгузории интихобот маълум гардидааст ё бояд маълум мегардид, пешниҳод карда шавад.
2. Ариза аз хусуси қарорҳои комиссияҳои интихобот дар давоми даҳ рӯзи пас аз қабул гардидани қарорҳо пешниҳод карда мешавад.
3. Ариза аз хусуси қарорҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст дар мӯҳлати даҳ рӯзи баъд аз қабул шудани қарор пешниҳод гардад.
4. Ариза баъди расиданаш дар мӯҳлати се рӯз ва агар то рӯзи интихобот камтар аз шаш рӯз монда бошад, бояд фавран баррасӣ карда шавад.
Моддаи 261. Пешниҳод ва мӯҳлати ариза дар бораи ҳифзи ҳуқуқи иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раъйпурсӣ
Пешниҳод ва мӯҳлати ариза ба суд дар бораи ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон дар раъйпурсӣ тибқи муқаррароти моддаҳои 259 ва 260 ҳамин Кодекс амалӣ мегардад.
Моддаи 262. Баррасии ариза дар бораи ҳифзи ҳуқуқи интихоботӣ ва ҳуқуқи иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раъйпурсӣ
Ариза дар бораи ҳифзи ҳуқуқи интихоботӣ ва ҳуқуқи иштироки шаҳрвандон дар раъйпурсӣ дар суд бо иштироки аризадиҳанда, намояндаи мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, комиссияи интихоботӣ, комиссияи раъйпурсӣ, шахси мансабдор, хизматчии давлатӣ ва прокурор баррасӣ карда мешавад. Ҳозир нашудани шахсони зикргардида, ки ба таври дахлдор оид ба вақт ва маҳалли баргузории маҷлиси судӣ огоҳ гардидаанд, барои баррасӣ ва ҳалли парванда монеа шуда наметавонад.
Моддаи 263. Ҳалнома оид ба парвандаҳо дар бораи ҳифзи ҳуқуқи интихоботӣ ва ҳуқуқи иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раъйпурсӣ ва иҷрои он
1. Суд, агар асоснокии аризаро муайян кунад, қарор ё амали (беамалии) мавриди баҳс қарордоштаро ғайриқонунӣ эътироф мекунад ва мақомоти дахлдор ва шахси мансабдорро ӯҳдадор менамояд, ки талаботи аризадиҳанда қонеъ гардонида шавад ё бо роҳи дигар ҳуқуқҳои интихоботӣ ё ҳуқуқи иштирок дар раъйпурсӣ дар ҳаҷми пурра барқарор карда шаванд.
2. Ҳалномаи эътибори қонунӣ пайдокардаи суд ба мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, раиси комиссияи интихоботӣ, комиссия оид ба гузаронидани раъйпурсӣ, шахси мансабдор ва хизматчии давлатӣ ирсол гардида, бояд дар мӯҳлатҳои муайяннамудаи суд тибқи муқаррароти қисми 2 моддаи 210 ҳамин Кодекс иҷро карда шавад.
3. Суд, агар муайян кунад, ки қарор, амали (беамалии) мавриди баҳс қарордошта қонунӣ мебошад, қонеъ кардани аризаро рад менамояд.
БОБИ 26. Хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1091)
ЗЕРФАСЛИ IV. МУРОФИАИ МАХСУС
БОБИ 27. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 267. Парвандаҳое, ки суд бо тартиби мурофиаи махсус баррасӣ менамояд
1. Бо тартиби мурофиаи махсус суд парвандаҳои зеринро баррасӣ менамояд:
- оид ба муқаррар намудани холатҳое, ки аҳамияти ҳуқуқӣ доранд;
- оид ба фарзандхондии кӯдак;
- оид ба бедарак ғоибшуда эътироф намудан ва вафоткарда эълон кардани шахси воқеӣ (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022);
- оид ба ғайриқобили амал эътироф намудан ё маҳдуд намудани қобилияти амалкунии шахси воқеӣ (Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2022);
- оид ба дорои қобилияти пурраи амал эътироф намудани ноболиғ (эмансипатсия);
- оид ба бесоҳиб эътироф кардани молу мулки манқул ё эътироф намудани ҳуқуқи моликияти коммуналӣ ба молу мулки ғайриманқули бесоҳиб;
- оид ба барқарорсозии ҳуқуқ ба коғазҳои қиматноки гумшуда ба пешниҳодкунанда ва коғазҳои қиматноки ордерии гумшуда (мурофиаи даъватӣ);
- оид ба бистарикунонии маҷбурии шаҳрванд дар статсионари равонпизишкӣ ва муоинаи маҷбурии равонпизишкӣ;
- оид ба ворид намудани ислоҳ, тағйирот ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ;
- оид ба аризаҳо дар бораи анҷом додани амали нотариалӣ ё рад намудани анҷом додани чунин амал;
- оид ба аризаҳо дар бораи барқарор кардани парвандаи судии гумшуда.
2. Қонун метавонад дигар парвандаҳоро низ барои баррасӣ бо тартиби мурофиаи махсус муайян кунад.
Моддаи 268. Баррасӣ ва ҳалли парвандаҳои мурофиаи махсус
1. Парвандаҳои мурофиаи махсусро суд тибқи қоидаҳои умумии мурофиаи даъво, бо назардошти хусусиятҳои муқаррарнамудаи ҳамин боб ва бобҳои 28-38 ҳамин Кодекс баррасӣ менамояд.
2. Парвандаҳои мурофиаи махсусро суд бо иштироки аризадиҳанда ва дигар шахсони манфиатдор баррасӣ менамояд.
3. Агар ҳангоми пешниҳоди ариза ё баррасии парванда бо тартиби мурофиаи махсус оид ба ҳуқуқ, тобеияти судӣ баҳс ба миён ояд, суд дар хусуси баррасӣ накардани ариза таъинот мебарорад, ки дар он ҳуқуқи аризадиҳанда ва дигар шахсони манфиатдор ҷиҳати ҳалли баҳс бо тартиби мурофиаи даъво тавзеҳ дода мешавад.
БОБИ 28. МУҚАРРАР НАМУДАНИ ҲОЛАТҲОИ ДОРОИ АҲАМИЯТИ ҲУҚУҚӢ
Моддаи 269. Парвандаҳо оид ба муқаррар намудани ҳолатҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ
1. Суд ҳолатҳоеро, ки пайдо шудан, тағйир ёфтан ё қатъ гардидани ҳуқуқҳои шахсӣ ё молу мулкии шаҳрвандон ё ташкилот аз онҳо вобаста аст, муайян менамояд.
2. Суд парвандаҳои муқарраркунандаи ҳолатҳои зеринро баррасӣ менамояд:
- оид ба ҳолати муносибатҳои хешовандии шахсон;
- оид ба ҳолати таҳти саробонӣ қарор доштани шахс;
- оид ба ҳолати бақайдгирии давлатии таваллуд, фарзандхондӣ никоҳ, бекор кардани ақди никоҳ, вафот;
- оид ба ҳолати муқаррар кардани падарӣ;
- оид ба ҳолати марбутияти ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуқарраркунанда (ба истиснои ҳуҷҷатҳои ҳарбӣ, шиноснома ва ҳуҷҷатҳое, ки аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дода мешаванд) ба шахсе, ки насаб, ном ва номи падари дар ҳуҷҷат сабтшудааш бо насаб, ном ва номи падари дар шиноснома ё шаҳодатномаи таваллуди ӯ зикргардида мутобиқат намекунад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- оид ба ҳолати соҳибӣ ва истифодаи молу мулки ғайриманқул;
- оид ба ҳолати ҳодисаҳои нохуш;
- оид ба ҳолати вафот дар вақти муайян ва дар вазъияти муайян, агар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бақайдгирии ҳодисаи вафотро рад намоянд;
- оид ба ҳолати қабули мерос ва маҳалли кушодани мерос;
- оид ба ҳолатҳои дигаре, ки дорои аҳамияти ҳуқуқӣ мебошанд.
Моддаи 270. Шартҳое, ки барои муайян намудани ҳолатҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ заруранд
Суд ҳолатҳои дорои аҳамияти ҳуқуқиро танҳо ҳангоме муайян менамояд, ки агар барои аризадиҳанда бо тартиби дигар дарёфти ҳуҷҷатҳои дахлдори тасдиқкунандаи ин ҳолатҳо ё барқарорсозии ҳуҷҷатҳои гумшуда имконнопазир бошад.
Моддаи 271. Пешниҳоди ариза дар бораи муайян намудани ҳолатҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ
Ариза дар бораи муайян намудани ҳолатҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ ба суди маҳалли истиқомати аризадиҳанда пешниҳод мегардад, ба истиснои аризаҳо дар бораи муайян намудани ҳолати соҳибӣ ва истифодаи молу мулки ғайриманқул, ки ба суди маҳалли ҷойгиршавии молу мулки ғайриманқул пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 272. Мӯҳтавои ариза дар бораи муайян намудани ҳолатҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ
Дар ариза ҷиҳати муайян намудани ҳолатҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ бояд зикр гардад, ки ба аризадиҳанда муайян намудани ҳамин ҳолат барои кадом мақсад зарур аст, инчунин бояд дар ариза далелҳои тасдиқкунандаи имконнопазирии аз ҷониби аризадиҳанда дарёфт намудани ҳуҷҷатҳои дахлдор ё ғайриимкон будани барқарорсозии ҳуҷҷатҳои гумшуда дарҷ гарданд.
Моддаи 273. Ҳалнома оид ба ариза дар бораи муайян намудани ҳолатҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ
Ҳалнома оид ба ариза дар бораи муайян намудани ҳолатҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳолати дорои аҳамияти ҳуқуқӣ буда, нисбат ба ҳолате, ки бояд ба қайд гирифта шавад, асоси бақайдгирӣ ба ҳисоб меравад, аммо ҳуҷҷатеро, ки мақомоти бақайдгиранда медиҳанд, иваз намекунад.
БОБИ 29. ФАРЗАНДХОНДИИ КӮДАК
Моддаи 274. Пешниҳоди ариза оид ба фарзандхондӣ
Ариза оид ба фарзандхондӣ аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мехоҳанд кӯдакро фарзанд хонанд, ба суди шаҳр ё ноҳияи маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии кӯдаки фарзандхондшаванда ва ё маҳалли истиқомати ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда) пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 275. Мӯҳтавои аризаи фарзандхондӣ
1. Дар аризаи фарзандхондии кӯдак бояд маълумотҳои зерин зикр гарданд:
- насаб, ном, номи падар ва маҳалли истиқомати шахсони ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда) (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- насаб, ном, номи падар, санаи таваллуд ва маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии кӯдаки фарзандхондшаванда (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- насаб, ном, номи падар ва маҳалли истиқомати падару модари кӯдаки фарзандхондшаванда, бародару хоҳар доштани ӯ. Дар сурати ғайриимкон будани ба даст овардани маълумоти мазкур дар ин хусус дар ариза қайд карда мешавад; (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871, аз 23.11.2015 № 1232);
- ҳолатҳои асосноккунандаи хоҳиши шахсони ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда) оид ба фарзандхондӣ ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ин ҳолатҳо;
- дархост оид ба тағйир додани насаб, ном, номи падар ва маҳалли таваллуди кӯдаки фарзандхондшаванда, инчунин санаи таваллуди ӯ, оид ба сабти ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда) ба сифати падару модар дар санади сабти таваллуди кӯдак (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871, аз 23.11.2015 № 1232).
2. Аризадиҳанда метавонад дархостҳоеро, ки дар сархати панҷуми қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, зимни омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ ва ё бевосита ҳангоми муҳокимаи судӣ дар шакли хаттӣ пешниҳод намояд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1232).
Моддаи 276. Ҳуҷҷатҳое, ки ба ариза оид ба фарзандхондӣ замима мегардад
1. Ба ариза оид ба фарзандхондии кӯдак бояд ҳуҷҷатҳои зерин замима гарданд:
- нусхаи шиносномаи шахси (шахсони) ба фарзандӣ қабулкунанда (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1232);
- нусхаи шаҳодатномаи никоҳи шахсони ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда)- ҳангоми фарзандхондии кӯдак аз ҷониби шахсоне (шахсе), ки ақди никоҳ доранд;
- ҳангоми фарзандхондии кӯдак аз ҷониби як ҳамсар - розигии хаттии ҳамсари дигар. Дар сурати ҷой доштани ҳолатҳое, ки тибқи қонунгузории оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон розигии ҳамсари дигар талаб карда намешавад, дар ариза маълумоти мазкур қайд шуда, ҳуҷҷатҳои зарурӣ замима карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1232);
- хулосаи тиббӣ оид ба вазъи саломатии шахсони ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда) (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1232).
2. Дар сурати фарзандхонд кардани кӯдак аз ҷониби падарандар (модарандар) ва ё шахси дигаре, ки ҳақиқатан (амалан) бо кӯдаки фарзандхондшаванда ҳамчун аъзои як оила истиқомат доранд, талаботи сархатҳои сеюм ва чоруми қисми 1 ҳамин модда татбиқ карда намешаванд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1232).
3. Ба аризаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фарзандхондии кӯдаке, ки шаҳрванди хориҷӣ мебошад, дар баробари ҳуҷҷатҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида инчунин розигии намояндаи қонунии кӯдак ва мақоми ваколатдори давлате, ки ӯ шаҳрванди он мебошад, агар қонунгузории ҳамин давлат ва (ё) шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо намоянд - розигии худи кӯдак барои фарзандхондӣ замима карда мешавад.
4. Ҳамаи ҳуҷҷатҳо дар ду нусха пешниҳод карда мешаванд.
Моддаи 277. Ба муҳокимаи судӣ омодасозии парванда оид ба фарзандхондӣ
1. Судя ҳангоми омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ мақомоти васоят ва парастории маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии кӯдаки фарзандхондшавандаро вазифадор менамояд, ки ба суд дар хусуси асоснокӣ ва мутобиқати фарзандхондӣ ба манфиати кӯдаки фарзандхондшаванда хулоса пешниҳод намояд.
2. Суд ҳангоми зарурат метавонад дигар ҳуҷҷатҳоро низ талаб намояд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1232).
Моддаи 278. Баррасии ариза дар бораи фарзандхондӣ
1. Ариза дар бораи фарзандхондӣ дар маҷлиси пӯшидаи суд бо иштироки ҳатмии шахсони ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда), намояндаи мақомоти васояту парасторӣ, прокурор, кӯдаке, ки ба синни чордаҳ расидааст ва ҳангоми зарурат - падару модар, дигар шахсони манфиатдор ва худи кӯдаке, ки ба синни аз даҳ то чордаҳсола расидааст, баррасӣ мегардад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1232).
2. Суд парвандаҳоро дар хусуси фарзандхондӣ дар мӯҳлати як моҳ аз рӯзи қабули ариза баррасӣ ва ҳал менамояд
Моддаи 279. Ҳалнома дар бораи аризаи фарзандхондӣ
1. Суд аризаро дар бораи фарзандхондӣ баррасӣ намуда, оид ба қонеъ ё рад кардани хоҳиши шахсони ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда) ҳалнома қабул мекунад. Ҳангоми қонеъгардонии хоҳиши фарзандхондӣ суд кӯдакро фарзанди шахсони (шахси) мушаххас эътироф карда, дар ҳалнома ҳамаи маълумоти вобаста ба фарзандхондшаванда ва шахсони ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда)-ро, ки барои бақайдгирии давлатии фарзандхондӣ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ заруранд, зикр менамояд.
2. Суд аризаро дар хусуси фарзандхондӣ қонеъ гардонида, метавонад хоҳиши шахсони ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда)-ро дар қисми сабти онҳо ба сифати падару модари кӯдак дар санади сабти таваллуди ӯ, инчунин ҷиҳати тағйир додани сана ва маҳалли таваллуди кӯдак рад намояд.
3. Ҳангоми қонеъгардонии ариза дар хусуси фарзандхондӣ ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шахсони ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда) ва кӯдаки фарзандхондшаванда аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома дар хусуси фарзандхондии кӯдак муқаррар карда мешавад.
4. Нусхаи ҳалномаро оид ба фарзандхондии кӯдак суд дар мӯҳлати се рӯзи баъд аз эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома барои бақайдгирии давлатии фарзандхондии кӯдак ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ вобаста ба маҳалли қабул намудани ҳалнома ирсол менамояд.
Моддаи 280. Бекор кардани фарзандхондӣ
1. Баррасӣ ва ҳалли парвандаҳо дар бораи бекор кардани фарзандхондии кӯдак мутобиқи қоидаҳои мурофиаи даъво анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1232).
2. Суд нусхаи ҳалномаро оид ба бекор кардани фарзандхондии кӯдак дар мӯҳлати се рӯзи баъд аз эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома барои ворид намудани маълумот дар бораи бекор кардани фарзандхондӣ ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии маҳалли қабули ҳалнома ирсол менамояд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1232).
БОБИ 30. БЕДАРАК ҒОИБШУДА ЭЪТИРОФ НАМУДАНИ ШАХСИ ВОҚЕӢ Ё ВАФОТКАРДА ЭЪЛОН КАРДАНИ ШАХСИ ВОҚЕӢ
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022)
Моддаи 281. Пешниҳоди ариза дар бораи бедарак ғоибшуда эътироф намудани шахси воқеӣ ё вафоткарда эълон кардани шахси воқеӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022)
Ариза дар бораи бедарак ғоибшуда эътироф намудани шахси воқеӣ ё вафоткарда эълон кардани шахси воқеӣ ба суди маҳалли истиқомат ё маҳалли қарор доштани шахси манфиатдор пешниҳод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
Моддаи 282. Мӯҳтавои ариза дар бораи бедарак ғоибшуда эътироф намудани шахси воқеӣ ё вафоткарда эълон кардани шахси воқеӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022)
1. Дар ариза ҷиҳати бедарак ғоибшуда эътироф намудани шахси воқеӣ ё вафоткарда эълон кардани ӯ бояд маълумотҳои зерин зикр гарданд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022):
- барои кадом мақсад ба аризадиҳанда бедарак ғоибшуда эътироф намудани шахси воқеӣ ё вафоткарда эълон кардани ӯ зарур аст (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022);
- ҳолатҳои тасдиқкунандаи бедарак ғоибшуда будани шахси воқеӣ (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022);
- ҳолатҳое, ки метавонист ба бедарак ғоибшуда таҳдиди марг кунад ё асосе вуҷуд дорад, ки эҳтимоли ҳалокати ӯро вобаста ба ҳодисаи дахлдори нохуш собит месозад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
2. Нисбат ба хизматчиёни ҳарбӣ ё дигар шаҳрвандоне, ки вобаста ба амалиёти ҳарбӣ бедарак ғоибшуда гардидаанд, дар ариза рӯзи хотимаёбии амалиёти ҳарбӣ зикр карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
Моддаи 283. Ба муҳокимаи судӣ омодасозии ариза дар бораи бедарак ғоибшуда эътироф намудани шахси воқеӣ ё вафоткарда эълон кардани шахси воқеӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022)
1. Судя ҳангоми ба муҳокимаи судӣ омодасозии парванда муайян менамояд, ки кадом шахс метавонад оид ба шахси ғоибшуда маълумот диҳад, инчунин аз ташкилотҳои дахлдори маҳалли охирини маълуми истиқомати шаҳрванди ғоибшуда ҷойи кори ӯ, аз мақомоти корҳои дохилӣ, қисмҳои ҳарбӣ пешниҳоди маълумоти мавҷударо талаб мекунад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2022).
2. Баъди қабули ариза дар бораи бедарак ғоибшуда эътироф намудани шахси воқеӣ ё вафоткарда эълон кардани шаҳрванд судя метавонад ба мақомоти васоят ва парасторӣ пешниҳод кунад, ки идоракунандаи ваколатдори молу мулки чунин шаҳрвандро таъин намояд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2022).
3. Парванда дар бораи бедарак ғоибшуда эътироф намудани шахси воқеӣ ё вафоткарда эълон кардани ӯ бо иштироки прокурор баррасӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2022).
4. Ҳангоми омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ судя дар хусуси ба нашр расонидани эълон дар воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ дар бораи дар суд оғоз кардани парвандаи маданӣ дар бораи бедарак ғоибшуда ё дар хусуси вафоткарда эълон намудани шахс таъинот қабул менамояд. Нусхаи таъинот дар рӯзи дигари пас аз қабул шуданаш барои нашр фиристонида мешавад. Маблағи нашри эълон аз ҳисоби аризадиҳанда пардохта мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871, аз 03.01.2024 № 2022).
Моддаи 284. Ҳалнома вобаста ба ариза дар бораи бедарак ғоибшуда эътироф намудани шахси воқеӣ ё вафоткарда эълон кардани шаҳрванд
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2022)
1. Ҳалнома дар бораи бедарак ғоибшуда эътироф намудани шахси воқеӣ ё вафоткарда эълон кардани шахси воқеӣ барои интиқоли молу мулки ӯ ба шахсе, ки мақоми васоят ва парасторӣ бо он шартномаи идораи ба боварӣ асосёфтаи молу мулк бастааст, ҳангоми зарурати идоракунии доимии он асос ба ҳисоб меравад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2022).
2. Ҳалнома, ки мутобиқи он шахси воқеӣ вафоткарда эълон шудааст, барои аз ҷониби мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дарҷ шудани сабт оид ба фавти шахси воқеӣ дар дафтари сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ асос мебошад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2022).
Моддаи 285. Оқибатҳои ҳозиршавӣ ё ошкоршавии маҳалли қарор доштани шаҳрванде, ки бедарак ғоибшуда эътироф ё вафоткарда эълон шудааст
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2022)
Ҳангоми ҳозиршавӣ ё ошкор намудани маҳалли қарор доштани шахси воқеӣ, ки бедарак ғоибшуда эътироф ё вафоткарда эълон шудааст, суд бо ҳалномаи нав ҳалномаи қаблан қабулкардаро бекор мекунад. Ҳалномаи нави судӣ барои бекор кардани идоракунии молу мулки шахси воқеӣ, инчунин бекор кардани сабти фавти ӯ дар дафтари сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ асос мебошад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2022).
БОБИ 31. ҒАЙРИ ҚОБИЛИ АМАЛ ЭЪТИРОФ НАМУДАН Ё МАҲДУД НАМУДАНИ ҚОБИЛИЯТИ АМАЛКУНИИ ШАХСИ ВОҚЕӢ
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2022)
Моддаи 286. Пешниҳоди ариза оид ба ғайри қобили амал эътироф намудан ё маҳдуд сохтани қобилияти амали шаҳрванд
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2022)
1. Парванда оид ба ғайри қобили амал эътироф намудани шаҳрванд дар суд вобаста ба бемории рӯҳӣ дар асоси аризаи аъзои оилаи ӯ, хешу табори наздик (падару модар, фарзандон, бародарон, хоҳарон), сарфи назар аз он ки онҳо бо ҳам зиндагӣ мекунанд ё не, мақомоти васоят ва парасторӣ, беморхонаи бемориҳои равонпизишкӣ ё муассисаҳои равонию асабӣ ва прокурор оғоз карда мешавад.
2. Парванда оид ба маҳдуд намудани қобилияти амалкунии шахси воқеӣ вобаста ба суиистеъмоли машрубот ё маводи нашъаовар дар асоси аризаи аъзои оилаи ӯ, мақомоти васоят ва парасторӣ, беморхонаи бемориҳои равонпизишкӣ ё муассисаҳои равонию асабӣ, прокурор оғоз карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2022).
3. Парванда оид ба ғайри қобили амал эътироф намудан ё маҳдуд намудани қобилияти амалкунии шахси воқеӣ ба суди маҳалли истиқомати ҳамин шаҳрванд ё агар шахс дар беморхонаи бемориҳои равонпизишкӣ ё муассисаҳои равонию асабӣ қарор дошта бошад, ба маҳалли ҷойгиршавии ин муассиса пешниҳод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2022).
Моддаи 287. Мӯҳтавои ариза оид ба ғайри қобили амал эътироф намудан ё маҳдуд намудани қобилияти амалкунии шахси воқеӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2022)
1. Дар ариза оид ба ғайри қобили амал эътироф намудани шаҳрванд бояд он ҳолатҳои тасдиқкунандае, ки шахс мубталои бемории рӯҳӣ буда, наметавонад оқибатҳои амали худро дарк намояд ё онро идора кунад, зикр карда шавад.
2. Дар ариза оид ба маҳдуд намудани қобилияти амалкунии шахси воқеӣ бояд ҳолатҳои тасдиқкунандае, ки шахс аз машрубот ё маводи нашъаовар суиистеъмол намуда, оилаи худро дар вазъи душвори моддӣ мегузорад, зикр карда шавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2022).
Моддаи 288. Таъини экспертиза барои муайян намудани ҳолати рӯҳии шаҳрванд вобаста ба парванда оид ба ғайри қобили амал эътироф намудани шаҳрванд
Судя бо тартиби омодасозии парванда оид ба ғайри қобили амал эътироф намудани шаҳрванд ба муҳокимаи судӣ, ҳангоми мавҷуд будани маълумоти кофӣ оид ба бемории рӯҳии шаҳрванд барои муайян кардани ҳолати рӯҳии ӯ экспертизаи судию равонпизишкӣ таъин мекунад. Ҳангоми ошкоро аз экспертиза саркашӣ намудани шахсе, ки дар хусуси ғайри қобили амал эътироф гардиданаш парванда оғоз шудааст, суд метавонад дар маҷлиси судӣ бо иштироки прокурор ва равонпизишк ҷиҳати маҷбуран ба экспертизаи судию равонпизишкӣ фиристодани шаҳрванд таъинот барорад.
Моддаи 289. Баррасии ариза оид ба ғайри қобили амал эътироф намудан ё маҳдуд намудани қобилияти амалкунии шахси воқеӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2022)
1. Аризаро оид ба ғайри қобили амал эътироф намудани шаҳрванд суд бо иштироки аризадиҳанда, прокурор, намояндаи мақомоти васоят ва парасторӣ баррасӣ мекунад. Агар вазъи саломатии шаҳрванд оид ба ғайри қобили амал эътироф намуданаш имконият диҳад, ӯро ба маҷлиси судӣ даъват кардан мумкин аст.
2. Аризаро оид ба маҳдуд намудани қобилияти амалкунии шахси воқеӣ суд бо иштироки ҳатмии худи шаҳрванд, аризадиҳанда, прокурор, намояндаи мақомоти васоят ва парасторӣ баррасӣ мекунад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2022).
3. Аризадиҳанда аз пардохти хароҷоти судӣ оид ба парванда ҷиҳати ғайри қобили амал эътироф намудан ё маҳдуд намудани қобилияти амалкунии шахси воқеӣ озод карда мешавад. Агар суд муайян намояд, ки аризадиҳанда беинсофона, бо мақсади дидаю дониста ва беасос ғайри қобили амал эътироф намудан ё маҳдуд намудани қобилияти амалкунии шахси воқеӣ амал кардааст, аз ин шахс тамоми хароҷоти судӣ вобаста ба баррасии парванда ситонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2022).
Моддаи 290. Ҳалнома вобаста ба ариза оид ба ғайри қобили амал эътироф намудан ё маҳдуд намудани қобилияти амалкунии шахси воқеӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2022)
1. Ҳалнома, ки мутобиқи он шаҳрванд ғайри қобили амал эътироф шудааст, барои аз ҷониби мақомоти васоят ва парасторӣ ба ӯ таъин намудани васӣ асос мебошад.
2. Ҳалнома, ки мутобиқи он маҳдуд намудани қобилияти амалкунии шахси воқеӣ эътироф шудааст, барои аз ҷониби мақомоти васоят ва парасторӣ ба ӯ таъин намудани парастор асос мебошад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2022).
Моддаи 291. Бекор кардани ғайри қобили амал эътироф намудан ё маҳдуд намудани қобилияти амалкунии шахси воқеӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2022)
1. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 3 моддаи 30 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон суд дар асоси аризаи васӣ, аъзои оилааш, мақомоти васоят ва парасторӣ, беморхонаи бемориҳои равонпизишкӣ ё муассисаҳои равонию асабӣ, прокурор тибқи хулосаи дахлдори экспертизаи судию равонпизишкӣ оид ба қобили амал эътироф намудани шаҳрванд ҳалнома қабул мекунад. Дар асоси ҳалномаи мазкур васояти барои ӯ таъингардида бекор карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
2. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи 31 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон суд дар асоси аризаи худи шаҳрванд, намояндаи ӯ, аъзои оилааш, мақомоти васоят ва парасторӣ, парастор, беморхонаи бемориҳои равонпизишкӣ ё муассисаҳои равонию асабӣ, прокурор дар бораи бекор кардани маҳдуд намудани қобилияти амалкунии шахси воқеӣ ҳалнома қабул мекунад. Дар асоси ҳалномаи мазкур парастории барои ӯ таъингардида бекор карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
БОБИ 32. ДОРОИ ҚОБИЛИЯТИ ПУРРАИ АМАЛ ЭЪТИРОФ НАМУДАНИ НОБОЛИҒ (ЭМАНСИПАТСИЯ)
Моддаи 292. Пешниҳоди ариза оид ба дорои қобилияти пурраи амал эътироф намудани ноболиғ
1. Ноболиғи ба синни шонздаҳсола расида метавонад ба суди маҳалли истиқомати худ дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 28 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дорои қобилияти пурраи амал эътироф намуданаш ариза пешниҳод кунад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
2. Ариза оид ба дорои қобилияти пурраи амал эътироф намудани ноболиғро суд ҳангоми мавҷуд набудани розигии падару модар (ё яке аз онҳо), шахсони ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда) ё парастор ё ҳангоми аз ҷониби мақомоти васоят ва парасторӣ рад кардани дорои қобилияти пурраи амал эътироф намудани ноболиғ қабул мекунад.
Моддаи 293. Баррасии ариза оид ба дорои қобилияти пурраи амал эътироф намудани ноболиғ
Суд аризаро оид ба дорои қобилияти пурраи амал эътироф намудани ноболиғ бо иштироки аризадиҳанда, падару модар (ё яке аз онҳо), шахсони ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда), парастор, инчунин намояндаи мақомоти васоят ва парасторӣ, прокурор баррасӣ менамояд.
Моддаи 294. Ҳалнома оид ба ариза дар бораи дорои қобилияти пурраи амал эътироф намудани ноболиғ
1. Суд аризаро оид ба дорои қобилияти пурраи амал эътироф намудани ноболиғ моҳиятан баррасӣ намуда, дар бораи қонеъ гардонидан ё рад кардани хоҳиши аризадиҳанда ҳалнома қабул менамояд.
2. Ҳангоми қонеъ гардонидани хоҳиши пешниҳодшуда ноболиғе, ки ба синни шонздаҳсолагӣ расидааст, аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома оид ба эмансипатсия дорои қобилияти пурраи амал (эмансипатсияшуда) эътироф карда мешавад.
БОБИ 33. БЕСОҲИБ ЭЪТИРОФ НАМУДАНИ МОЛУ МУЛКИ МАНҚУЛ Ё ЭЪТИРОФИ ҲУҚУҚИ МОЛИКИЯТИ КОММУНАЛӢ БА МОЛУ МУЛКИ ҒАЙРИМАНҚУЛИ БЕСОҲИБ
Моддаи 295. Пешниҳоди ариза дар бораи бесоҳиб эътироф намудани молу мулки манқул ё эътирофи ҳуқуқи моликияти коммуналӣ ба молу мулки ғайриманқули бесоҳиб
1. Аризаро дар бораи бесоҳиб эътироф намудани молу мулки манқул шахсе, ки соҳибии онро ба зимма гирифтааст, ба суди маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии аризадиҳанда пешниҳод менамояд.
2. Аризаро дар бораи бесоҳиб эътироф намудани молу мулки манқул, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ тибқи салоҳияташон ситонидаанд, мақомоти молия ба суди маҳалли ҷойгиршавии молу мулки манқул пешниҳод менамояд.
3. Аризаро дар бораи эътирофи ҳуқуқи моликияти коммуналӣ ба молу мулки ғайриманқули бесоҳиб ба суди маҳалли ҷойгиршавии он мақомоте пешниҳод менамояд, ки ваколатдор аст молу мулки коммуналиро идора кунад.
4. Судя қабули ариза дар бораи эътирофи ҳуқуқи моликияти коммуналӣ ба молу мулки ғайриманқули бесоҳибро рад мекунад ва суд баррасии парвандаро қатъ менамояд, агар мақомоти ваколатдори идоракунии амволи коммуналӣ то гузаштани як сол аз рӯзи бақайдгирии молу мулк дар мақомоте, ки бақайдгирии давлатии ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқулро анҷом медиҳад, ба суд муроҷиат карда бошад.
Моддаи 296. Мӯҳтавои ариза дар бораи бесоҳиб эътироф намудани молу мулки манқул ё эътирофи ҳуқуқи моликияти коммуналӣ ба молу мулки ғайриманқули бесоҳиб
1. Дар ариза ҷиҳати бесоҳиб эълон кардани молу мулки манқул бояд маълумотҳои зерин зикр гарданд:
- кадом молу мулк бесоҳиб эътироф мегардад;
- тасвири аломатҳои асосии фарқкунандаи он;
- далелҳое, ки дар бораи даст кашидани молик аз ҳуқуқи моликият ба он гувоҳӣ медиҳад;
- далелҳое, ки аз оғози соҳибии молу мулк аз ҷониби аризадиҳанда гувоҳӣ медиҳанд.
2. Дар аризаи мақомоти ваколатдори идоракунии амволи коммуналӣ ҷиҳати эътирофи ҳуқуқи моликияти коммуналӣ ба молу мулки ғайриманқули бесоҳиб бояд зикр гардад, ки аз ҷониби кӣ ва кай молу мулки ғайриманқул ба қайд гирифта шудааст, инчунин далелҳое инъикос гарданд, ки оид ба ҳозир набудани молик гувоҳӣ медиҳанд.
Моддаи 297. Омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ ва баррасии ариза дар бораи бесоҳиб эътироф намудани молу мулки манқул ё эътирофи ҳуқуқи моликияти коммуналӣ ба молу мулки ғайриманқули бесоҳиб
1. Суд ҳангоми омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ муайян менамояд, ки кадом шахсон (моликон, соҳибони воқеии молу мулк ва ғайра) метавонанд оид ба марбутияти молу мулк маълумот пешниҳод кунанд, инчунин маълумоти мавҷударо оид ба он аз ташкилотҳои дахлдор талаб намояд.
2. Суд аризаро дар бораи бесоҳиб эътироф намудани молу мулки манқул ё эътирофи ҳуқуқи моликияти коммуналӣ ба молу мулки ғайриманқули бесоҳиб бо иштироки шахсони манфиатдори парванда ва прокурор баррасӣ менамояд.
Моддаи 298. Ҳалнома оид ба ариза дар бораи бесоҳиб эътироф намудани молу мулки манқул ва ё эътирофи ҳуқуқи моликияти коммуналӣ ба молу мулки ғайриманқули бесоҳиб
1. Агар суд эътироф кунад, ки молу мулки манқул молик надорад ё молик аз ҳуқуқи моликият ба молу мулки манқул даст кашидааст, дар бораи бесоҳиб эътироф намудани молу мулки манқул ва супурдани он ба моликияти шахсе, ки ба соҳибии он оғоз намудааст, ҳалнома қабул мекунад.
2. Агар суд эътироф кунад, ки молу мулки ғайриманқул молик надорад ё молики молу мулк номаълум аст ва он бо тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта шудааст, дар бораи бесоҳиб эътироф намудани молу мулки ғайриманқул ё эътирофи ҳуқуқи моликияти коммуналӣ ба ин молу мулк ҳалнома қабул мекунад.
БОБИ 34. БАРҚАРОР КАРДАНИ ҲУҚУҚ БА КОҒАЗҲОИ ҚИМАТНОКИ ГУМШУДА БА ПЕШНИҲОДКУНАНДА ВА КОҒАЗҲОИ ҚИМАТНОКИ ОРДЕРИИ ГУМШУДА (МУРОФИАИ ДАЪВАТӢ)
Моддаи 299. Пешниҳоди ариза дар бораи беэътибор донистани коғазҳои қиматноки гумшуда ба пешниҳодкунанда, коғазҳои қиматноки ордерии гумшуда ва барқарор намудани ҳуқуқ ба онҳо
1. Шахсе, ки коғази қиматнок ба пешниҳодкунанда ё коғази қиматноки ордериро (минбаъд дар ҳамин боб - ҳуҷҷат) гум кардааст, дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун метавонад аз суд беэътибор эътироф намудани коғазҳои қиматноки гумшуда ба пешниҳодкунанда, коғазҳои қиматноки ордерии гумшуда ва барқарор намудани ҳуқуқ ба онҳоро хоҳиш намояд.
2. Ҳуқуқ ба ҳуҷҷати гумшуда мумкин аст, инчунин ҳангоми гум шудани нишонаҳои қобилияти пардохти ҳуҷҷат, ки дар натиҷаи нигаҳдории номатлуб ё дигар сабабҳо рух додааст, барқарор карда шавад.
3. Ариза дар бораи беэътибор донистани коғазҳои қиматноки гумшуда ба пешниҳодкунанда, коғазҳои қиматноки ордерии гумшуда ва барқарор намудани ҳуқуқ ба онҳо ба суди маҳалли ҷойгиршавии шахсе, ки ҳуҷҷатро додааст ва мутобиқи он бояд иҷро сурат гирад, пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 300. Мӯҳтавои ариза дар бораи беэътибор донистани коғазҳои қиматноки гумшуда ба пешниҳодкунанда, коғазҳои қиматноки ордерии гумшуда ва барқарор намудани ҳуқуқ ба онҳо
Дар ариза дар бораи беэътибор донистани коғазҳои қиматноки гумшуда ба пешниҳодкунанда, коғазҳои қиматноки ордерии гумшуда ва барқарор намудани ҳуқуқ ба онҳо бояд маълумотҳои зерин зикр гарданд:
- нишонаҳои ҳуҷҷати гумшуда;
- насаб, ном ва номи падари шахсе, ки онро додааст (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- ҳолатҳое, ки ҳангоми он ҳуҷҷат гум шудааст;
- хоҳиши аризадиҳанда дар хусуси ба шахси ҳуҷҷатро дода манъ кардани иҷрои пардохтҳо ё додани маблағ.
Моддаи 301. Амали судя баъди қабули ариза дар бораи беэътибор донистани коғазҳои қиматноки гумшуда ба пешниҳодкунанда, коғазҳои қиматноки ордерии гумшуда ва барқарор намудани ҳуқуқ ба онҳо
1. Судя баъди қабули ариза дар бораи беэътибор донистани коғазҳои қиматноки гумшуда ба пешниҳодкунанда, коғазҳои қиматноки ордерии гумшуда ва барқарор намудани ҳуқуқ ба онҳо, дар хусуси манъи пардохтҳо вобаста ба ҳуҷҷат ё додани маблағ аз ҷониби шахсе, ки ҳуҷҷатро додааст, таъинот мебарорад ва нусхаи онро ба шахсе, ки ҳуҷҷат додааст, инчунин ба шахси бақайдгиранда ирсол менамояд. Дар таъинот, инчунин дар нашрияи даврии маҳаллӣ аз ҳисоби аризадиҳанда ҳатман интишор намудани маълумоти зерин зикр мегардад:
- номи суд, ки ба он ариза дар бораи гум кардани ҳуҷҷат ворид шудааст;
- насаб, ном ва номи падари шахси аризадиҳанда, маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии он (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- ном ва нишонаҳои ҳуҷҷат;
- пешниҳод ба дорандаи ҳуҷҷат, ки оид ба гум шудани он пешниҳод шудааст, ҷиҳати дар мӯҳлати се моҳ аз рӯзи нашр шудани маълумот муроҷиат намудан ба суд оид ба ҳуқуқи ӯ нисбат ба ҳуҷҷат.
2. Оид ба рад намудани қабули таъинот мумкин аст шикояти хусусӣ пешниҳод гардад.
Моддаи 302. Аризаи дорандаи ҳуҷҷат
Дорандаи ҳуҷҷате, ки нисбат ба гум шудани он пешниҳод шудааст, ӯҳдадор мебошад то гузаштани се моҳ аз рӯзи интишори маълумоти пешбининамудаи қисми 1 моддаи 301 ҳамин Кодекс ба суде, ки таъинот баровардааст, оид ба ҳуқуқҳои худ ба ин ҳуҷҷат ариза ва ҳамзамон асли ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кунад.
Моддаи 303. Амали суд баъди ворид гардидани аризаи дорандаи ҳуҷҷат
1. Ҳангоми ворид гардидани аризаи дорандаи ҳуҷҷат то гузаштани се моҳ аз рӯзи нашри маълумоти дар қисми 1 моддаи 301 ҳамин Кодекс зикргардида суд аризаи шахси ҳуҷҷатгумкардаро бе баррасӣ мемонад ва мӯҳлатеро муайян мекунад, ки дар давоми он шахси дорандаи ҳуҷҷат наметавонад вобаста ба ҳамин ҳуҷҷат ягон амалиёти молию пулиро анҷом диҳад. Ин мӯҳлат набояд аз ду моҳ зиёд бошад.
2. Ҳамзамон судя ба аризадиҳанда ҳуқуқашро ҷиҳати бо тартиби умумӣ нисбат ба дорандаи ҳуҷҷат пешниҳод намудани даъво оид ба талаб карда гирифтани ин ҳуҷҷат ва ба дорандаи ҳуҷҷат ҳуқуқашро ҷиҳати аз аризадиҳанда ситонидани зиёне, ки бо андешидани тадбирҳои манъкунанда расонида шудааст, тавзеҳ медиҳад.
3. Нисбат ба таъинот оид ба масъалаҳои дар ҳамин модда зикргардида мумкин аст шикояти хусусӣ пешниҳод гардад.
Моддаи 304. Баррасии ариза дар бораи беэътибор донистани коғазҳои қиматноки гумшуда ба пешниҳодкунанда, коғазҳои қиматноки ордерии гумшуда ва барқарор намудани ҳуқуқ ба онҳо
Суд аризаро дар бораи беэътибор донистани коғазҳои қиматноки гумшуда ба пешниҳодкунанда, коғазҳои қиматноки ордерии гумшуда ва барқарор намудани ҳуқуқ ба онҳоро бо гузашти се моҳ аз рӯзи нашри маълумоти дар қисми 1 моддаи 301 ҳамин Кодекс зикргардида баррасӣ менамояд, агар дорандаи ҳуҷҷат аризаи дар моддаи 302 ҳамин Кодекс зикргардидаро пешниҳод накарда бошад.
Моддаи 305. Ҳалнома оид ба ариза дар бораи беэътибор донистани коғазҳои қиматноки гумшуда ба пешниҳодкунанда, коғазҳои қиматноки ордерии гумшуда ва барқарор намудани ҳуқуқ ба онҳо
Ҳангоми қонеъгардонии хоҳиши аризадиҳанда суд ҳалнома қабул мекунад, ки мутобиқи он ҳуҷҷати гумшуда беэътибор эътироф гардида, ҳуқуқ нисбат ба коғазҳои қиматноки гумшуда ба пешниҳодкунанда ва ё коғазҳои қиматноки ордерии гумшуда барқарор карда мешавад. Ин ҳалнома барои ба аризадиҳанда додани ҳуҷҷати нав бар ивази ҳуҷҷати беэътибор донисташуда асос мебошад.
Моддаи 306. Ҳуқуқи дорандаи ҳуҷҷат дар бораи пешниҳоди даъво дар хусуси беасос ба даст овардан ё нигаҳдории молу мулк
Дорандаи ҳуҷҷат, ки бо сабабҳои мухталиф сари вақт ҳуқуқи худро ба ин ҳуҷҷат пешниҳод нанамудааст, баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома дар бораи беэътибор донистани ҳуҷҷат ва барқарорсозии ҳуқуқ ба коғазҳои қиматноки гумшуда ба пешниҳодкунанда ва ё коғазҳои қиматноки ордерии гумшуда метавонад нисбати шахсе, ки ҳуқуқаш ҷиҳати бар ивази ҳуҷҷати гумшуда гирифтани ҳуҷҷати нав эътироф гардидааст, дар хусуси беасос ба даст овардан ё нигоҳдории молу мулк даъво пешниҳод кунад.
БОБИ 35. БИСТАРИКУНОНИИ МАҶБУРИИ ШАҲРВАНД ДАР БЕМОРХОНАИ РАВОНПИЗИШКӢ ВА МУОИНАИ МАҶБУРИИ РАВОНПИЗИШКӢ
Моддаи 307. Пешниҳоди ариза дар бораи бистарикунонии маҷбурии шаҳрванд дар беморхонаи равонпизишкӣ ё зиёд кардани мӯҳлати бистарикунонии маҷбурии шаҳрванди мубталои бемории рӯҳӣ
1. Аризаи намояндаи беморхонаи равонпизишкӣ дар бораи бистарикунонии маҷбурии шаҳрванд дар беморхонаи равонпизишкӣ ё зиёд кардани мӯҳлати бистарикунонии маҷбурии шаҳрванди мубталои бемории рӯҳӣ ба суди маҳалли ҷойгиршавии беморхонаи равонпизишкӣ, ки дар он шаҳрванд қарор дорад, пешниҳод карда мешавад.
2. Ба ариза, ки дар он бояд асосҳои пешбининамудаи қонун барои бистарикунонии маҷбурии шаҳрванди мубталои бемории рӯҳӣ дар беморхонаи равонпизишкӣ зикр гардад, хулосаи асосноки комиссияи духтурони равонпизишк оид ба зарурати қарор доштани шаҳрванд дар беморхонаи равонпизишкӣ замима карда мешавад.
Моддаи 308. Мӯҳлати пешниҳоди ариза дар бораи бистарикунонии маҷбурии шаҳрванд дар беморхонаи равонпизишкӣ
1. Ариза дар бораи бистарикунонии маҷбурии шаҳрванд дар мӯҳлати чилу ҳашт соат аз лаҳзаи ҷойгиркунонии шаҳрванд дар беморхонаи равонпизишкӣ пешниҳод карда мешавад.
2. Парвандаро оғоз намуда, судя ҳамзамон бистарикунонии шаҳрвандро дар беморхонаи равонпизишкӣ барои мӯҳлате, ки ҷиҳати баррасии ариза оид ба бистарикунонии маҷбурии шаҳрванд дар беморхонаи равонпизишкӣ зарур аст, тамдид мекунад.
Моддаи 309. Баррасии ариза дар бораи бистарикунонии маҷбурии шаҳрванд дар беморхонаи равонпизишкӣ ё тамдиди мӯҳлати бистарикунонии маҷбурии шаҳрванде, ки мубталои бемории рӯҳӣ мебошад
1. Аризаро дар бораи бистарикунонии маҷбурии шаҳрванд дар беморхонаи равонпизишкӣ ё тамдиди мӯҳлати бистарикунонии маҷбурии шаҳрванди мубталои бемории рӯҳӣ судя дар мӯҳлати панҷ рӯз аз оғози парванда баррасӣ менамояд. Маҷлиси судӣ дар бинои суд ё беморхонаи равонпизишкӣ гузаронида мешавад. Шаҳрванд ҳуқуқ дорад шахсан дар маҷлиси судӣ оид ба бистарикунонии маҷбурӣ ва ё тамдиди мӯҳлати бистарикунонии маҷбурии ӯ иштирок кунад. Агар мутобиқи маълумоти пешниҳодкардаи намояндаи беморхонаи равонпизишкӣ ҳолати рӯҳии шаҳрванд имконият надиҳад, ки ӯ шахсан дар маҷлиси судӣ оид ба парванда ҷиҳати бистарикунонии маҷбурӣ дар беморхонаи равонпизишкӣ ё тамдиди мӯҳлати бистарикунонии маҷбурӣ, ки дар бинои суд доир мегардад, иштирок намояд, судя аризаро оид ба бистарикунонии маҷбурии шаҳрванд дар беморхонаи равонпизишкӣ ё тамдиди мӯҳлати бистарикунонии маҷбурии шаҳрванд дар беморхонаи равонпизишкӣ баррасӣ менамояд.
2. Парванда бо иштироки прокурор, намояндаи беморхонаи равонпизишкӣ, ки ба суд бо ариза ҷиҳати бистарикунонии маҷбурии шаҳрванд дар беморхонаи равонпизишкӣ ё тамдиди мӯҳлати бистарикунонии маҷбурии шаҳрванд муроҷиат кардааст, намояндаи шаҳрванде, ки нисбат ба он масъалаи бистарикунонии маҷбурӣ ё тамдиди мӯҳлати бистарикунонии маҷбурӣ ҳал карда мешавад, баррасӣ мегардад.
Моддаи 310. Ҳалнома вобаста ба ариза дар бораи бистарикунонии маҷбурии шаҳрванд дар беморхонаи равонпизишкӣ ё тамдиди мӯҳлати бистарикунонии маҷбурии шаҳрванди мубталои бемории рӯҳӣ
1. Аризаро дар бораи бистарикунонии маҷбурии шаҳрванд дар беморхонаи равонпизишкӣ ё тамдиди мӯҳлати бистарикунонии маҷбурии шаҳрванди мубталои бемории рӯҳӣ моҳиятан баррасӣ намуда, судя ҳалнома мебарорад, ки мутобиқи он ариза қонеъ гардонида ё рад карда мешавад.
2. Ҳалнома оид ба қонеъгардонии ариза барои бистарикунонии маҷбурии шаҳрванд дар беморхонаи равонпизишкӣ ё тамдиди мӯҳлати бистарикунонии маҷбурии шаҳрванди мубталои бемории рӯҳӣ ва нигоҳ доштани ӯ дар ҷараёни мӯҳлати муқаррарнамудаи қонун асос мебошад.
Моддаи 311. Муоинаи маҷбурии равонпизишкӣ
Аризаи духтури равонпизишк дар бораи муоинаи маҷбурии равонпизишкии шаҳрванд ба суди маҳалли истиқомати шаҳрванд пешниҳод карда мешавад. Ба ариза хулосаи асосноки духтури равонпизишк оид ба зарурати чунин муоина ва дигар маводи мавҷуда замима мегардад. Дар мӯҳлати се рӯзи додани ариза судя аризаро ҷиҳати муоинаи маҷбурии равонпизишкии шаҳрванд баррасӣ намуда, дар бораи муоинаи маҷбурии равонпизишкии шаҳрванд ё радди муоинаи маҷбурии равонпизишкии шаҳрванд ҳалнома қабул мекунад.
БОБИ 35(1). БИСТАРИКУНОНИИ МАҶБУРИИ ШАХС ДАР МУАССИСАҲОИ МАХСУСИ ТИББИИ ЗИДДИ БЕМОРИИ СИЛ, ТАЪИНИ ТАШХИСИ ҲАТМӢ БАРОИ ОШКОР КАРДАНИ БЕМОРИИ СИЛ ВА ТАБОБАТИ ОН
(Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1309)
Моддаи 311(1). Пешииҳоди ариза дар бораи бистарикунонии маҷбурии шахс дар муассисаҳои махсуси тиббии зидди бемории сил
(Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1309)
1. Ариза оид ба бистарикунонии маҷбурии шахси гирифтори шакли гузарандаи (батсиллярӣ) бемории сил, мунтазам вайронкунандаи низоми санитарию эпидемиологӣ, ки таҳти мушоҳидаи диспансерӣ қарор дорад, аз ҷониби роҳбари муассисаи махсуси тиббии зидди бемории сил ё аъзои оилаи бемор ба суди ҷойи истиқомати бемор ё маҳалли ҷойгиршавии муассисаи махсуси тиббии зидди бемории сил пешниҳод карда мешавад.
2. Ба ариза оид ба бистарикунонии маҷбурӣ хулосаи асосноки комиссияи тиббии духтурон, ки роҳбари муассисаи махсуси тиббии зидди бемории сил таъин кардааст, дар бораи зарурати ба низоми статсионарӣ ҷойгир кардани шахси ғирифтори бемории сил замима карда мешавад.
3. Маҷлиси судӣ дар бинои суд ё муассисаи махсуси тиббии зидди бемории сили низоми статсионарӣ баргузор мегардад. Дар ҳолати мавҷуд будани маълумоти муассисаи махсуси тиббии зидди бемории сил, ки тибқи он ҳузури шахси бемор дар толори суд бинобар хавфи сироят ёфтани атрофиён ғайриимкон мебошад, парванда дар муассисаи махсуси тиббии зидди бемории сили низоми статсионарӣ баррасӣ карда мешавад.
4. Шахси бемор ҳуқуқ дорад дар баррасии ариза оид ба бистарикунонии маҷбурӣ шахсан иштирок намояд. Суд метавонад парвандаро оид ба бистарикунонии шахси гирифтори бемории сил дар ғоибиаш баррасӣ намояд, агар иштироки ӯ дар маҷлиси судӣ вобаста ба вазъи саломатиаш ғайриимкон бошад.
5. Ариза оид ба бистарикунонии маҷбурӣ аз ҷониби суд дар мӯҳлати панҷ рӯз аз рӯзи оғози парванда бо иштироки прокурор, намояндаи муассисаи махсуси тиббии зидди бемории сил ё аъзои оилаи бемор, ки ба суд бо ариза ҷиҳати бистарикунонии маҷбурии шахси бемор муроҷиат кардааст ва шахсе, ки нисбати ӯ масъалаи бистарикунонии маҷбурӣ ҳал карда мешавад ё намояндаи ӯ баррасӣ мегардад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1309).
Моддаи 311(2). Ҳалнома вобаста ба ариза дар бораи бистарикунонии маҷбурии шахс дар муассисаҳои махсуси тиббии зидди бемории сил
(Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1309)
1. Аризаро оид ба бистарикунонии маҷбурии шахс дар муассисаҳои махсуси тиббии зидди бемории сил моҳиятан баррасӣ намуда, суд ҳалнома мебарорад, ки мутобиқи он ариза қонеъ гардонида ё рад карда мешавад.
2. Ҳалнома оид ба қонеъгардонии ариза барои бистарикунонии маҷбурии шахс дар муассисаҳои махсуси тиббии зидди бемории сил асос мебошад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1309).
Моддаи 311(3). Таъини ташхиси ҳатмӣ барои ошкор кардан ва табобати бемории сил
(Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1309)
1. Аризаи роҳбари муассисаи тиббӣ ё аъзои оилаи бемор оид ба таъини ташхиси ҳатхмӣ барои ошкор кардани бемории сил ва табобати бемор ба суди маҳалли истиқомати шахсе, ки аз ташхис қасдан саркашӣ менамояд, пешниҳод карда мешавад.
2. Ба ариза хулосаи асосноки тиббӣ дар бораи зарурати гузаронидани ташхиси ҳатмӣ барои ошкор кардани бемории сил ва ҳуҷҷатҳои дигар замима карда мешаванд.
3. Ариза аз ҷониби суд дар мӯҳлати се рӯз бо иштироки прокурор, намояндаи муассисаи тиббӣ ё аъзои оилаи бемор, ки ба суд бо ариза ҷиҳати таъини ташхиси ҳатмӣ барои ошкор кардани бемории сил ва табобати он муроҷиат кардааст, шахсе, ки нисбати ӯ масъалаи таъини ташхиси ҳатмӣ ҳал карда мешавад ё намояндаи ӯ баррасӣ мегардад.
4. Суд аризаро дар бораи таъини ташхиси ҳатмӣ барои ошкор кардан ва табобати бемории сил моҳиятан баррасӣ намуда, дар хусуси қонеъ гардонидан ё рад намудани он ҳалнома қабул мекунад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1309).
БОБИ 36. БАРРАСИИ ПАРВАНДАҲО ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИСЛОҲ, ТАҒЙИРОТ ВА ИЛОВАҲО БА САБТИ АСНОДИ ҲОЛАТИ ШАҲРВАНДӢ
Моддаи 312. Пешниҳоди ариза дар бораи ворид намудани ислоҳ, тағйирот ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ
1. Суд парвандаро оид ба ворид намудани ислоҳ, тағйирот ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар сурате баррасӣ менамояд, ки агар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳангоми мавҷуд набудани баҳс оид ба ҳуқуқ ба сабтҳои анҷомдодаашон ворид намудани ислоҳ, тағйирот ва иловаҳоро рад карда бошад.
2. Ариза дар бораи ворид намудани ислоҳ, тағйирот ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба суди маҳалли истиқомати аризадиҳанда пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 313. Мӯҳтавои ариза дар бораи ворид намудани ислоҳ, тағйирот ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ
Дар ариза ҷиҳати ворид намудани ислоҳ, тағйирот ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бояд зикр гардад, ки нодурустии сабт дар санади ҳолати шаҳрвандӣ аз чӣ иборат аст, кай ва кадом мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба сабти анҷомдодааш ворид намудани ислоҳ, тағйирот ва иловаҳоро рад кардааст.
Моддаи 314. Ҳалнома вобаста ба ариза дар бораи ворид намудани ислоҳ, тағйирот ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ
Ҳалнома, ки мувофиқи он саҳву хатогиҳои сабт дар санади ҳолати шаҳрвандӣ муайян гардидааст, барои ворид намудани ислоҳ, тағйирот ва иловаҳо ба чунин сабт аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ асос мебошад.
БОБИ 37. БАРРАСИИ АРИЗА ДАР БОРАИ АНҶОМ ДОДАНИ АМАЛИ НОТАРИАЛӢ Ё РАД НАМУДАНИ АНҶОМ ДОДАНИ ОН
Моддаи 315. Пешниҳоди ариза дар бораи анҷом додани амали нотариалӣ ё рад намудани анҷом додани он
1. Шахси манфиатдоре, ки анҷом додани амали нотариалӣ ё рад намудани анҷом додани амали нотариалиро нодуруст ҳисоб мекунад, ҳуқуқ дорад дар ин хусус ба суди маҳалли ҷойгиршавии мақомоти нотариалӣ ё маҳалли ҷойгиршавии шахси мансабдоре, ки барои анҷом додани амали нотариалӣ ваколатдор шудааст, ариза пешниҳод намояд.
2. Ариза дар бораи нодуруст тасдиқ намудани васиятнома ё ваколатнома ё рад намудани қонеъ кардани он аз ҷониби шахсони мансабдори дар қонун зикршуда мутаносибан ба суди маҳалли ҷойгиршавии госпитал, беморхона, санатория, дигар муассисаи статсионарии муолиҷавӣ, муассисаи хизматрасонии иҷтимоӣ, аз ҷумла хонаи пиронсолон ва маъюбон, муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, экспедитсияҳо, қисмҳои ҳарбӣ, ҷузъу томҳо, муассисаҳои таълимии ҳарбӣ, ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ пешниҳод мегардад.
3. Ариза дар бораи нодуруст тасдиқ намудани васиятнома ё рад намудани қонеъ кардани он аз ҷониби капитани киштӣ, киштиҳои ҳаракати омехта ё киштиҳои ҳаракати дохилӣ, ки таҳти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шино мекунанд, ба суди маҳалли бандари бақайдгирии киштӣ пешниҳод мегардад.
4. Ариза ба суд дар мӯҳлати даҳ рӯзе, ки ба аризадиҳанда анҷом додани амали нотариалӣ ё рад намудани анҷом додани амали нотариалӣ маълум шудааст, пешниҳод мегардад.
5. Суд баҳсҳои байни шахсони манфиатдор ба миёномадаро оид ба ҳуқуқе, ки ба анҷом додани амали нотариалӣ асос ёфтааст, бо тартиби мурофиаи даъво баррасӣ менамояд.
Моддаи 316. Баррасии ариза дар бораи анҷом додани амали нотариалӣ ё рад намудани анҷом додани он
Суд аризаро дар бораи анҷом додани амали нотариалӣ ё рад намудани анҷом додани он бо иштироки аризадиҳанда, нотариус, шахси мансабдоре, ки амали нотариалиро анҷом додааст ё анҷом додани амали нотариалиро рад кардааст, баррасӣ менамояд, аммо ҳозир нашудани онҳо барои баррасии ариза монеа шуда наметавонад.
Моддаи 317. Ҳалнома дар бораи анҷом додани амали нотариалӣ ё рад намудани анҷом додани он
Ҳалнома, ки тибқи он ариза дар бораи анҷом додани амали нотариалӣ ё рад намудани анҷом додани он қонеъ гардонида шудааст, амали анҷомдодашудаи нотариалиро бекор мекунад ё ӯҳдадор менамояд, ки чунин амал анҷом дода шавад.
БОБИ 38. БАРҚАРОР КАРДАНИ ПАРВАНДАИ СУДИИ ГУМШУДА
Моддаи 318. Тартиби барқарор кардани парвандаи судии гумшуда
1. Пурра ё қисман барқарор кардани парвандаи судии гумшуда, ки бо қабули ҳалнома ё баровардани таъинот дар хусуси қатъи мурофиаи судии парванда хотима ёфтааст, аз ҷониби суд бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин боб анҷом дода мешавад.
2. Парванда дар бораи барқарор кардани парвандаи судии гумшуда дар асоси аризаи шахсони иштирокчии парванда оғоз карда мешавад.
Моддаи 319. Пешниҳоди ариза дар бораи барқарор кардани парвандаи судии гумшуда
1. Ариза дар бораи барқарор кардани парвандаи судии гумшуда ба суде, ки вобаста ба моҳияти баҳс ҳалнома қабул кардааст ё дар хусуси қатъи истеҳсолоти судӣ оид ба парванда таъинот баровардааст, пешниҳод карда мешавад.
2. Дар ариза дар бораи барқарор кардани парвандаи судии гумшуда бояд маълумотҳои зерин зикр гарданд:
- аризадиҳанда маҳз дар хусуси барқарор кардани кадом парвандаи судӣ хоҳиш намудааст оё суд нисбат ба он моҳиятан ҳалнома қабул кардааст ё баррасии парванда қатъ гардидааст;
- аризадиҳанда дар парванда кадом мавқеи мурофиавиро ишғол менамуд, дар парванда боз кӣ ва бо кадом мавқеи мурофиавӣ иштирок дошт, маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии ин шахсон;
- аризадиҳанда дар бораи ҳолатҳои гум шудани парванда ё маҳалли ҷойгиршавии нусхаи парванда чӣ гуна маълумот дорад;
- аризадиҳанда маҳз барқарор кардани кадом ҳуҷҷатҳоро зарур мешуморад ва барқарор кардани онҳо барои кадом мақсадҳо заруранд.
3. Ба ариза ҳуҷҷатҳои мавҷуда ва марбут ба парванда ё нусхаҳои онҳо, ҳатто агар бо тартиби муқарраргардида тасдиқ карда нашуда бошанд ҳам, замима мегарданд.
4. Аризадиҳанда аз пардохти хароҷоти судӣ, ки ҳангоми баррасии парванда ҷиҳати барқарор кардани парвандаи судии гумшуда масраф шудааст, озод карда мешавад.
Моддаи 320. Беҳаракат ё бе баррасӣ монондани ариза дар бораи барқарор кардани парвандаи судии гумшуда
1. Суд ҳангоми дар аризаи барқарор кардани парвандаи судии гумшуда баён накардани мақсадҳои дахлдори муроҷиат онро беҳаракат мемонад ва ба аризадиҳанда мӯҳлатеро муайян менамояд, ки барои зикри мақсадҳо заруранд.
2. Агар мақсади муроҷиати зикрнамудаи аризадиҳанда ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии он алоқаманд набошад, суд оғози парвандаро ҷиҳати барқарор кардани парвандаи судии гумшуда рад менамояд ё агар парванда оғоз шуда бошад, тибқи таъиноти асоснок аризаро бе баррасӣ мемонад.
Моддаи 321. Рад намудани ариза дар бораи барқарор кардани парвандаи судии гумшуда
1. Парвандаи судие, ки то моҳиятан баррасӣ намудани парванда гум шудааст, набояд барқарор карда шавад. Дар ин ҳолат даъвогар ҳуқуқ дорад даъвои нав пешниҳод кунад. Дар таъинот дар бораи оғози парванда оид ба даъвои нав вобаста ба гум кардани парвандаи судӣ ин ҳолат бояд ҳатман инъикос гардад.
2. Суд ҳангоми баррасии парванда мутобиқи даъвои нав қисми боқимондаи парванда, ҳуҷҷатҳоеро, ки аз парванда то гум шудани парванда ба шаҳрвандон, ташкилотҳо дода шудаанд, нусхаи ин ҳуҷҷатҳо, дигар ҳуҷҷатҳои марбут ба парвандаро истифода мебарад.
3. Суд метавонад ба сифати шоҳид шахсонеро, ки ҳангоми анҷом додани амали мурофиавӣ иштирок доштанд ва ҳангоми зарурат судяҳоеро, ки парвандаро баррасӣ намудаанд ва парвандаи онҳо гум шудааст, инчунин шахсони иҷрокунандаи ҳалномаро пурсон шавад.
Моддаи 322. Ҳалнома дар бораи барқарор кардани парвандаи судии гумшуда
1. Ҳалнома ё таъинот дар бораи қатъи парвандаи судӣ, агар он вобаста ба парванда қабул гардида бошад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 323 ҳамин Кодекс бояд барқарор карда шавад.
2. Дар ҳалнома дар бораи барқарор кардани парвандаи судии гумшуда ё таъинот дар бораи қатъи парвандаи судӣ зикр мегардад, ки дар асоси кадом далелҳои ба суд пешниҳодшуда ва дар маҷлиси судӣ дар ҳузури ҳамаи иштирокчиёни мурофиа таҳқиқгардида суд мӯҳтавои ҳалномаи барқароршавандаро барқароршуда ҳисоб мекунад.
3. Дар қисми асосноккунонии ҳалнома дар бораи барқарор кардани парвандаи судии гумшуда хулосаи суд оид ба ҳолатҳои исботшуда, ки суд муҳокима намудааст, инчунин дар хусуси амали мурофиавии иҷрогардида вобаста ба парвандаи гумшуда зикр карда мешавад.
Моддаи 323. Қатъ намудани баррасии парванда дар бораи барқарор кардани парвандаи судии гумшуда
1. Ҳангоми нокифоя будани маводи ҷамъшуда барои аниқ барқарор намудани ҳалнома вобаста ба парвандаи судии гумшуда суд бо таъинот баррасии парвандаро дар хусуси барқарор кардани парвандаи судии гумшуда қатъ менамояд ва ба шахсони иштирокчии парванда ҳуқуқи пешниҳоди даъворо бо тартиби умумӣ тавзеҳ медиҳад.
2. Баррасии ариза дар бораи барқарор кардани парвандаи судии гумшуда бо мӯҳлати нигаҳдории он маҳдуд карда намешавад. Ҳангоми муроҷиат бо ариза дар бораи барқарор кардани парвандаи судии гумшуда бо мақсади иҷрои он, агар мӯҳлати пешниҳоди варақаи иҷро барои иҷрои даъво гузашта бошад ва онро суд барқарор накунад, суд ҳамчунин баррасии парвандаро дар бораи барқарор кардани парвандаи судии гумшуда қатъ менамояд.
Моддаи 324. Тартиби пешниҳоди шикоят нисбат ба санадҳои судӣ оид ба парвандаҳо дар бораи барқарор кардани парвандаи судии гумшуда
1. Нисбати санадҳои судие, ки бо барқарор кардани парвандаи судии гумшуда алоқаманданд, бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс шикоят намудан мумкин аст.
2. Ҳангоми дидаю дониста пешниҳод кардани аризаи бардурӯғ хароҷоти судӣ вобаста ба оғози парванда тибқи ариза дар бораи барқарор кардани парвандаи судии гумшуда аз аризадиҳанда ситонида мешавад.
ФАСЛИ III АЗ НАВ БАРРАСӢ НАМУДАНИ САНАДҲОИ СУДӢ, КИ ЭЪТИБОРИ ҚОНУНӢ ПАЙДО НАКАРДААНД
БОБИ 39. МУРОФИА ДАР СУДИ МАРҲИЛАИ КАССАТСИОНӢ
Моддаи 325. Ҳуқуқи пешниҳод намудани шикоят ва эътирози кассатсионӣ
Нисбат ба ҳамаи халномаҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар марҳилаи якум қабул карда шудаанд, аз ҷониби шахсони иштирокчии парванда мумкин аст шикояти кассатсионӣ ва прокурор дар доираи ваколатҳои худ эътирози кассатсионӣ пешниҳод карда шавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1898).
Моддаи 326. Тартиби пешниҳод намудани шикоят ва эътирози кассатсионӣ
1. Нисбат ба ҳалномаи эътибори қонунӣ пайдонакардаи марҳилаи якум бо тартиби кассатсионӣ мумкин аст шикоят ва эътирози кассатсионӣ пешниҳод карда шаванд:
- оид ба ҳалномаи судҳои шаҳр ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ҳалномаҳои судҳои ҳарбии гарнизонҳо - ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- оид ба ҳалномаи судҳои шаҳр ва ноҳия, ки дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе қарор доранд мутаносибан ба суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятҳо, суди шаҳри Душанбе;
- оид ба ҳалномаи суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятӣ, суди шаҳри Душанбе, ки ба сифати суди марҳилаи якум амал кардаанд - ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- оид ба ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба сифати суди марҳилаи якум қабул кардааст - мутаносибан ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои маданӣ, коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ ва коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 12.01.2010 № 582, аз 03.01.2024 № 2022).
2. Шикоят ва эътирози кассатсионӣ ба воситаи суде, ки ҳалномаро қабул кардааст, пешниҳод карда мешаванд.
Моддаи 327. Мӯҳлати пешниҳод намудани шикоят ва эътирози кассатсионӣ
Шикоят ва эътирози кассатсионӣ мумкин аст дар мӯҳлати як моҳ аз рӯзи супоридани ҳалномаи асоснок ба тарафҳо пешниҳод карда шавад.
Моддаи 328. Мӯҳтавои шикоят ва эътирози кассатсионӣ
1. Шикоят ва эътирози кассатсионӣ бояд маълумотҳои зеринро дар бар гирад:
- номи суде, ки ба он шикоят ва эътироз пешниҳод мегардад;
- насаб, ном ва номи падари шахс ё намояндаи ӯ, ки шикоят ё эътирозро пешниҳод намудааст, маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии он (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- ишора ба ҳалномае, ки нисбат ба он шикоят ё эътироз пешниҳод гардидааст;
- талаботи шахсе, ки шикоят пешниҳод намудааст ё талаботи прокуроре, ки эътироз овардааст, инчунин асосҳое, ки мутобиқи он ҳалномаро нодуруст ҳисоб мекунанд;
- номгӯи далелҳое, ки ба шикоят ва эътироз замима гардидаанд.
2. Истиноди шахсе, ки шикояти кассатсионӣ ё прокуроре, ки эътирози кассатсионӣ ба далелҳои нави ба суди марҳилаи якум пешниҳоднашуда овардаанд, танҳо ҳангоме иҷозат дода мешавад, ки агар имконнопазирии пешниҳоди чунин далелҳо ба суди марҳилаи якум дар шикоят ва эътироз асоснок карда шуда бошад.
3. Шикояти кассатсиониро шахси пешниҳоднамуда ё намояндаи ӯ имзо мегузоранд ва эътирози кассатсиониро - прокурор. Ба шикояти пешниҳоднамудаи намоянда бояд ваколатнома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ваколати намоянда замима карда шавад, агар дар парванда чунин ваколат мавҷуд набошад.
4. Шикоят ё эътирози кассатсионӣ метавонад дар шакли электронӣ бо имзои электронии рақамии тасдиқшуда тавассути ҷойгир намудани он дар сомонаи суд пешниҳод карда шавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1930).
Моддаи 329. Нусхаҳои шикоят ва эътирози кассатсионӣ
Шикоят ва эътирози кассатсионӣ далелҳои хаттии ба онҳо замимагардида ба суд бо нусхаҳо мутаносибан ба теъдоди шахсони иштирокчии парванда пешниҳод карда мешаванд.
Моддаи 330. Беҳаракат монондани шикоят ва эътирози кассатсионӣ
1. Ҳангоми пешниҳоди шикоят ва эътирози кассатсионӣ, ки ба талаботи пешбининамудаи моддаҳои 328 ва 329 ҳамин Кодекс мутобиқ намебошанд, суд таъинот қабул мекунад, ки дар асоси он шикоят ва эътироз беҳаракат мононда мешавад ва суд ба шахси пешниҳоднамудаи шикоят ва эътироз барои ислоҳи норасоиҳо мӯҳлат муқаррар менамояд.
2. Агар шахси пешниҳоднамудаи шикоят ва эътирози кассатсионӣ дар мӯҳлатҳои муқарраргардида нишондодҳои дар таъинот зикргардидаро иҷро кунад, шикоят ва эътироз аз рӯзи пешниҳоди ибтидоӣ ба суд воридгардида ба ҳисоб меравад.
3. Нисбат ба таъиноти суд дар хусуси беҳаракат монондани шикоят ва эътирози кассатсионӣ мумкин аст шикояти хусусӣ ва эътироз пешниҳод гардад.
Моддаи 331. Баргардонидани шикоят ва эътирози кассатсионӣ
1. Шикояи кассатсионӣ ба шахси пешниҳоднамуда ва эътирози кассатсионӣ ба прокурор дар ҳолатҳои зерин баргардонида мешавад:
- агар нишондоди судя ҷиҳати беҳаракат монондани шикоят ва эътирози кассатсионӣ, ки дар таъинот зикр шудааст, дар мӯҳлати муқарраргардида иҷро нашуда бошад;
- ҳангоми гузаштани мӯҳлати шикоят ва эътироз, агар дар шикоят ва эътироз дар хусуси барқарор намудани мӯҳлат дархост пешниҳод нашуда бошад ё рад карда шуда бошад.
2. Шикояти кассатсионӣ инчунин бо хоҳиши шахси пешниҳоднамудаи шикоят, эътирози кассатсионӣ - дар ҳолати бозхонд шудан аз ҷониби прокурор, агар парванда ба суди марҳилаи кассатсионӣ ирсол нагардида бошад, баргардонида мешаванд.
3. Баргардонидани шикояти кассатсионӣ ба шахси шикоят пешниҳоднамуда ва эътирози кассатсионӣ ба прокурор дар асоси таъиноти суди марҳилаи якум анҷом дода мешавад. Шахси пешниҳоднамудаи шикоят ё прокурори эътироз оварда ҳуқуқ дорад нисбат ба таъиноти зикргардида ба суди болоӣ шикояти хусусӣ ва эътироз пешниҳод кунад.
Моддаи 332. Амали суди марҳилаи якум баъди гирифтани шикоят ва эътирози кассатсионӣ
1. Судя баъди гирифтани шикоят ва эътирози кассатсионӣ, ки мутобиқи мӯҳлати муқаррарнамудаи моддаи 327 ҳамин Кодекс пешниҳод гардида, ҷавобгӯи талаботи моддаҳои 328 ва 329 ҳамин Кодекс мебошад, ӯҳдадор аст:
- дар мӯҳлати на дертар аз се рӯзи баъд аз гирифтани онҳо ба шахсони иштирокчии парванда нусхаи шикоят ва эътироз ва далелҳои хаттии замимагардидаро пешниҳод намояд;
- шахсони иштирокчии парвандаро оид ба вақт ва маҳалли баррасии шикоят ва эътироз тибқи тартиби кассатсионӣ дар суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, суди шаҳри Душанбе огоҳ кунад. Оид ба рӯзи баррасии шикоят ва эътирози кассатсионӣ дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони иштирокчии парвандаро Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ мекунад;
- баъди гузаштани мӯҳлате, ки барои шикоят ва эътирози кассатсионӣ муқаррар гардидааст, парвандаро ба суди марҳилаи кассатсионӣ ирсол намояд.
2. То гузаштани мӯҳлате, ки барои шикоят ва эътирози кассатсионӣ муқаррар гардидааст, парвандаро аз суд талаб карда гирифтан мумкин нест. Шахсони иштирокчии парванда ҳуқуқ доранд дар суд бо маводи парванда, шикоят ва эътирози кассатсионӣ ва норозигӣ нисбат ба шикоят ва эътирози воридгардида шинос шаванд.
Моддаи 333. Норозигӣ нисбат ба шикоят ва эътирози кассатсионӣ
1. Шахсони иштирокчии парванда ҳуқуқ доранд нисбат ба шикоят ва эътирози кассатсионӣ дар шакли хаттӣ норозигӣ пешниҳод намоянд ва ба он ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи чунин норозигиро замима кунанд.
2. Норозигӣ нисбат ба шикоят ва эътирози кассатсионӣ ва ҳуҷҷатҳои ба онҳо замимагардида бояд бо нусхаҳо мутаносибан ба теъдоди шахсони иштирокчии парванда пешниҳод карда шавад.
Моддаи 334. Даст кашидан аз шикоят ва эътирози кассатсионӣ
1. Шахсе, ки шикояти кассатсионӣ пешниҳод кардааст, ҳуқуқ дорад дар шакли хаттӣ ба суди марҳилаи кассатсионӣ то қабул намудани қарори дахлдори судӣ муроҷиат карда, аз шикоят даст кашад. Прокуроре, ки эътирози кассатсионӣ овардааст, ҳуқуқ дорад то оғози маҷлиси судӣ онро бозхонд намояд. Оиди бозхонд намудани эътирози кассатсионӣ шахсони иштирокчии парванда хабардор карда мешаванд.
2. Дар бораи қабули аризаи даст кашидан аз шикоят ва эътирози кассатсионӣ суди марҳилаи кассатсионӣ таъинот қабул мекунад, ки мутобиқи он баррасии кассатсионӣ қатъ мегардад, агар нисбат ба ҳалномаи суди марҳилаи якум дигар шахсон шикоят ва эътироз пешниҳод накарда бошанд.
Моддаи 335. Аз даъво даст кашидани даъвогар ё созиши оштии тарафҳо дар суди марҳилаи кассатсионӣ
1. Аз даъво даст кашидани даъвогар ё созиши оштии тарафҳо, ки баъди қабули шикоят ва эътирози кассатсионӣ сурат гирифтааст, бояд дар аризаҳои дар шакли хаттӣ ба суди марҳилаи кассатсионӣ пешниҳодгардида зикр карда шавад.
2. Тартиб ва оқибатҳои баррасии аризаи аз даъво даст кашидани даъвогар ё аризаи тарафҳо дар хусуси созиши оштӣ мутобиқи қоидаҳои қисмҳои 2 ва 3 моддаи 176, 177 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад. Ҳангоми қабули аризаи даст кашидан аз даъво ё тасдиқи созиши оштии тарафҳо суди марҳилаи кассатсионӣ ҳалномаи қабулнамударо бекор карда, баррасии парвандаро қатъ менамояд.
Моддаи 336. Ҳадди баррасии парванда дар суди марҳилаи кассатсионӣ
1. Суди марҳилаи кассатсионӣ қонунӣ ва асоснокии ҳалномаи суди марҳилаи якумро бо дарназардошти ваҷҳҳои дар шикоят ва эътирози кассатсионӣ пешниҳодшуда ва норозигиҳоро нисбат ба шикоят ва эътироз месанҷад. Суд далелҳои мавҷудаи парванда ва иловатан пешниҳодшударо баҳо дода, агар эътироф намояд, ки онҳоро тараф наметавонист ба суди марҳилаи якум пешниҳод намояд, далел ва муносибатҳои ҳуқуқии дар ҳалномаи шикоят ва эътирозшуда зикргардидаро тасдиқ мекунад ё ваҷҳ ва муносибатҳои нави ҳуқуқиро муайян менамояд.
2. Суди марҳилаи кассатсионӣ бо мақсади таъмини волоияти қонун ҳуқуқ дорад ҳалномаи суди марҳилаи якумро дар ҳаҷми пурра санҷад.
Моддаи 337. Мӯҳлати баррасии парванда дар суди марҳилаи кассатсионӣ
1. Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, суди шаҳри Душанбе парвандаи тибқи шикоят ва эътирози кассатсионӣ пешниҳодшударо бояд дар мӯҳлати на дертар аз як моҳи воридшавии он баррасӣ намоянд.
2. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи тибқи шикоят ва эътирози кассатсионӣ пешниҳодшударо бояд дар мӯҳлати на дертар аз ду моҳи воридшавии он баррасӣ намояд.
Моддаи 338. Тартиби маҷлиси судӣ дар суди марҳилаи кассатсионӣ
Тартиби маҷлиси судӣ дар суди марҳилаи кассатсионӣ ва тадбирҳои таъминкунандаи он тибқи қоидаҳои моддаҳои 161 ва 162 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад.
Моддаи 339. Маҷлиси судӣ дар суди марҳилаи кассатсионӣ
Маҷлиси судӣ дар суди марҳилаи кассатсионӣ мутобиқи қоидаҳое, ки ҳамин Кодекс барои гузаронидани маҷлиси судии марҳилаи якум пешбинӣ намудааст ва бо дарназардошти қоидаҳои дар ҳамин боб зикргардида гузаронида мешавад.
Моддаи 340. Оғози муҳокимаи парванда
Раисикунандаи маҷлиси судӣ маҷлиси коллегияи (мушовараи) судиро оғоз намуда, эълон мекунад, ки кадом парванда, шикоят ва эътирози кассатсионӣ аз они кӣ ва аз болои ҳалномаи кадом суд баррасӣ карда мешавад ва муайян менамояд, ки кадоме аз иштирокчиёни парванда, намояндагони онҳо ҳозир шудаанд, шахсияти ҳозиршудагонро муайян карда, ваколати шахсони мансабдор ва намояндагони онҳоро муқаррар менамояд.
Моддаи 341. Эълони ҳайати суд ва тавзеҳи ҳуқуқи рад намудан
1. Раисикунандаи маҷлиси судӣ ҳайати коллегияи судиро эълон карда, ба шахсони иштирокчии парванда ҳуқуқашонро барои изҳори рад намудан тавзеҳ медиҳад.
2. Асосҳо барои худрадкунӣ ва рад намудан, тартиби ҳалли онҳо, инчунин оқибатҳои қонеъгардонии чунин аризаҳо мутобиқи моддаҳои 18-23 ҳамин Кодекс муайян карда мешаванд.
Моддаи 342. Ба шахсони иштирокчии парванда тавзеҳ додани ҳуқуқ ва ӯҳдадории мурофиавии онҳо
Раисикунандаи маҷлиси судӣ ба шахсони иштирокчии парванда ҳуқуқ ва ӯҳдадории мурофиавиашонро тавзеҳ медиҳад.
Моддаи 343. Оқибатҳои ба маҷлиси судӣ ҳозир нашудани шахсони иштирокчии парванда
1. Ҳангоми ба маҷлиси коллегияи (мушовараи) судӣ ҳозир нашудани ин ё он шахсе, ки иштирокчии парванда мебошанд, аммо оид ба вақт ва маҳалли баррасии парванда огоҳ карда нашудаанд, суд баррасии парвандаро мавқуф мегузорад.
2. Ба суд ҳозир нашудани шахсони иштирокчии парванда, ки оид ба вақт ва маҳалли баррасии парванда огоҳ карда шудаанд, барои муҳокимаи парванда монеа намебошад, аммо суд ҳуқуқ дорад дар чунин ҳолатҳо низ муҳокимаи парвандаро мавқуф гузорад.
Моддаи 344. Аз ҷониби суд ҳал намудани дархости шахсони иштирокчии парванда
Суд дархости шахсони иштирокчии парвандаро оид ба ҳамаи масъалаҳои марбут ба муҳокимаи парванда дар суди марҳилаи кассатсионӣ пас аз шунидани фикри дигар шахсони иштирокчии парванда ҳал менамояд. Дархостҳои пешниҳодшударо суд мутобиқи қоидаҳои моддаи 169 ҳамин Кодекс ҳал менамояд.
Моддаи 345. Маърӯза оид ба парванда
Баррасии парванда дар суди марҳилаи кассатсионӣ аз маърӯзаи раисикунандаи маҷлиси судӣ ё яке аз судяҳо оғоз мегардад. Маърӯзачӣ ҳолатҳои парванда, мӯҳтавои ҳалномаи суди марҳилаи якум, далелҳои шикоят ва эътирози кассатсионӣ ва норозигии нисбат ба онҳо воридгардида, мазмуни далелҳои нави ба суд пешниҳодшударо баён намуда, инчунин дар хусуси дигар маълумоте, ки суд бояд барои санҷиши ҳалнома баррасӣ намояд, иттилоъ медиҳад.
Моддаи 346. Баёноти шахсони иштирокчии парванда дар суди марҳилаи кассатсионӣ
Баъди маърӯзаи раисикунандаи маҷлиси судӣ ё яке аз судяҳои суди марҳилаи кассатсионӣ баёноти шахсони дигари иштирокчии парванда, намояндагони онҳоро, ки ба маҷлиси судӣ ҳозир шудаанд, мешунавад. Аввалин шуда шахсе, ки шикояти кассатсионӣ пешниҳод кардааст ё намояндаи ӯ баромад мекунад ё ин ки прокурор, агар эътирози кассатсионӣ оварда бошад. Ҳангоми аз ҷониби ҳар ду тараф пешниҳод намудани шикоят ва эътироз нисбат ба ҳалнома аввалин шуда даъвогар баромад мекунад.
Моддаи 347. Таҳқиқи далелҳо
1. Баъди баёноти шахсони иштирокчии парванда, ҳангоми зарурат, суди марҳилаи кассатсионӣ далелҳои дар парванда мавҷудбударо эълон ва далелҳои нав пешниҳодшударо таҳқиқ менамояд, агар эътироф кунад, ки онҳоро тараф наметавонист ба суди марҳилаи якум пешниҳод намояд. Дар хусуси қабули далелҳои нав суди марҳилаи кассатсионӣ таъинот қабул мекунад.
2. Тарафҳо ҳуқуқ доранд дар хусуси даъват ва пурсиши шоҳидони иловагӣ, барои талаб карда гирифтани дигар далелҳое, ки таҳқиқи онҳоро суди марҳилаи якум барояшон рад карда буд, дархост пешниҳод намоянд.
3. Таҳқиқи далелҳо бо тартибе, ки барои суди марҳилаи якум муқаррар гардидааст, анҷом дода мешавад.
Моддаи 348. Музокираҳои судӣ дар суди марҳилаи кассатсионӣ
1. Агар суди марҳилаи кассатсионӣ далелҳои навро таҳқиқ карда бошад, мутобиқи қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 195 ҳамин Кодекс музокираҳои судӣ доир мегарданд. Дар музокираҳои судӣ аввалин шуда шахсе, ки шикоят ё прокуроре, ки эътирози кассатсионӣ пешниҳод кардааст, баромад мекунад.
2. Суд баъди хотимаи музокираҳои судӣ барои қабул намудани қарори кассатсионӣ ба хонаи машваратӣ мегузарад.
Моддаи 349. Қабул кардани қарори кассатсионӣ ва эълони он
Машварати судяҳои суди марҳилаи кассатсионӣ бо тартиби пешбининамудаи моддаи 17 ҳамин Кодекс сурат мегирад. Қабул кардани қарори кассатсионӣ ё эълони он тибқи қоидаҳои пешбининамудаи моддаҳои 198-199 ҳамин Кодекс анҷом дода мешавад.
Моддаи 350. Ҳуқуқи суди марҳилаи кассатсионӣ ҳангоми баррасии шикоят ва эътирози кассатсионӣ
1. Суди марҳилаи кассатсионӣ ҳангоми баррасии шикоят ва эътирози кассатсионӣ ҳуқуқ дорад:
- ҳалномаи суди марҳилаи якумро тағйир надиҳад, шикоят ва эътирози кассатсиониро қонеъ нагардонад;
- ҳалномаи суди марҳилаи якумро пурра ё қисман бекор кунад ва парвандаро барои баррасии нав ба ҳамон суд ирсол намояд, агар вайронкуниҳои роҳдодаи суди марҳилаи якумро суди марҳилаи кассатсионӣ ислоҳ карда натавонад;
- ҳалномаи суди марҳилаи якумро тағйир диҳад ё бекор кунад, агар ҳолатҳои барои парванда аҳамиятдошта дар асоси далелҳои мавҷудбуда ва иловатан пешниҳодгардида муайян карда шуда бошанд, парвандаро ба баррасии нав ирсол накарда, ҳалномаи нав барорад;
- ҳалномаи суди марҳилаи якумро пурра ё қисман бекор кунад, мурофиаи парвандаро қатъ намояд ё аризаро бе баррасӣ монад.
2. Дар сурати ду маротиба бекор карда шудани ҳалномаҳои судӣ вобаста ба парвандаи мушаххас, ин парвандаро ба баррасии ҳамин суд ба сифати суди марҳилаи якум ирсол менамояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871).
Моддаи 351. Асосҳо барои бекор кардан ё тағйир додани ҳалнома бо тартиби кассатсионӣ
1. Асосҳо барои бекор кардан ё тағйир додани ҳалнома бо тартиби кассатсионӣ инҳо мебошанд:
- нодуруст муайян кардани ҳолатҳои барои парванда аҳамиятдошта;
- исбот нагардидани ҳолатҳои муайяннамудаи суди марҳилаи якум, ки барои парванда дорои аҳамият мебошанд;
- номутобиқатии хулосаи суди марҳилаи якум вобаста ба ҳолатҳои парванда, ки дар ҳалнома дарҷ гардидаанд;
- вайрон кардан ё татбиқи нодурусти меъёрҳои ҳуқуқи моддӣ ё меъёрҳои ҳуқуқи мурофиавӣ.
2. Ҳалномаи моҳиятан дурусти суди марҳилаи якум наметавонад танҳо бо як фикру мулоҳизаи расмӣ бекор карда шавад.
Моддаи 352. Вайрон кардан ё татбиқи нодурусти меъёрҳои ҳуқуқи моддӣ
Меъёрҳои ҳуқуқи моддӣ дар ҳолатҳои зайл вайронкардашуда ё нодуруст татбиқгардида ба ҳисоб мераванд, агар:
- суд қонунеро, ки бояд татбиқ гардад, татбиқ накарда бошад;
- суд қонунеро татбиқ намуда бошад, ки набояд татбиқ гардад;
- суд қонунро нодуруст маънидод карда бошад.
Моддаи 353. Вайрон кардан ё татбиқи нодурусти меъёрҳои ҳуқуқи мурофиавӣ
1. Вайрон кардан ё татбиқи нодурусти меъёрҳои ҳуқуқи мурофиавӣ барои бекор кардани ҳалномаи суди марҳилаи якум танҳо ба шарте асос шуда метавонад, агар ин вайрон кардан ё татбиқи нодуруст боиси ҳалли нодурусти парванда гардида бошад ё метавонист боиси он гардад.
2. Ҳалномаи суди марҳилаи якум новобаста аз далелҳои шикоят ва эътирози кассатсионӣ дар ҳолатҳои зерин бояд бекор карда шавад, агар:
- парвандаро суд бо ҳайати ғайриқонунӣ баррасӣ карда бошад;
- парвандаро суд ҳангоми ҳозир набудани яке аз шахсони иштирокчии парванда, ки оид ба вақт ва маҳалли гузаронидани маҷлиси судӣ огоҳ карда нашудааст, баррасӣ карда бошад;
- ҳангоми баррасии парванда қоидаҳо оид ба забони мурофиаи судӣ риоя нагардида бошанд;
- суд масъаларо оид ба ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шахсоне ҳал карда бошад, ки барои иштирок ба муҳокимаи парванда ҷалб нашудаанд;
- ҳалномаро судя имзо накарда бошад ё ҳалномаро на ҳамон судя ё судяҳо имзо карда бошанд, ки дар ҳалнома зикр шудаанд;
- ҳалномаро на он судяҳое қабул карда бошанд, ки ба ҳайати суди парвандаро баррасинамуда дохил буданд;
- дар парванда протоколи маҷлиси судӣ мавҷуд набошад;
- ҳангоми баровардани ҳалнома қоидаҳои махфияти машварати судӣ риоя нагардида бошанд.
Моддаи 354. Бекор кардани ҳалномаи суди марҳилаи якум бо қатъ намудани мурофиаи парванда ё бе баррасӣ монондани ариза
Ҳалномаи суди марҳилаи якум бо тартиби кассатсионӣ бо қатъ намудани мурофиаи парванда ё бе баррасӣ монондани ариза тибқи асосҳои пешбининамудаи моддаҳои 225 ва 227 ҳамин Кодекс бекор карда мешавад.
Моддаи 355. Мӯҳтавои қарори суди марҳилаи кассатсионӣ
1. Санади суди марҳилаи кассатсионӣ дар шакли қарори кассатсионӣ қабул карда мешавад.
2. Дар қарори суди марҳилаи кассатсионӣ бояд маълумотҳои зерин зикр гарданд:
- сана ва маҳалли қабул кардани қарор;
- номи суде, ки қарор қабул кардааст, ҳайати суд;
- насаб, ном ва номи падари шахсе, ки шикоят ва эътирози кассатсионӣ пешниҳод намудааст (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- мӯҳтавои мухтасари ҳалномаи шикоят ва эътирозшудаи суди марҳилаи якум, шикоят ва эътирози кассатсионӣ, далелҳои пешниҳодгардида, баёноти шахсоне, ки ҳангоми баррасии парванда дар суди марҳилаи кассатсионӣ иштирок намудаанд;
- хулосаи суд оид ба натиҷаҳои баррасии шикоят ва эътирози кассатсионӣ;
- асосҳое, ки тибқи он суд хулосаи худро баровардааст ва истинод ба қонуне, ки суд ба роҳбарӣ гирифтааст.
3. Суд ҳангоми қонеъ нагардонидани шикоят ва эътирози кассатсионӣ ӯҳдадор аст асосҳоеро, ки мутобиқи он ваҷҳҳои шикоят ва эътироз рад карда шудаанд, зикр намояд.
4. Ҳангоми пурра ё қисман бекор кардани ҳалнома ё супоридани парванда ҷиҳати баррасии нав суд ӯҳдадор аст амалеро, ки суди марҳилаи якум ҳангоми баррасии нави парванда бояд анҷом диҳад, зикр намояд.
Моддаи 356. Эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори суди марҳилаи кассатсионӣ
Қарори суди марҳилаи кассатсионӣ аз рӯзи қабул кардани он эътибори қонунӣ пайдо мекунад.
Моддаи 357. Таъиноти хусусии суди марҳилаи кассатсионӣ
Суди марҳилаи кассатсионӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 231 ҳамин Кодекс ҳуқуқ дорад таъиноти хусусӣ барорад.
Моддаи 358. Ҳатмӣ будани нишондодҳои суди марҳилаи кассатсионӣ
1. Нишондодҳои марбут ба зарурати гузаронидани амали мурофиавӣ, ки дар қарори суди марҳилаи кассатсионӣ зикр гардидааст, ҳангоми бекор кардани ҳалномаи суди марҳилаи якум ва супоридани парванда ҷиҳати баррасии нав барои суде, ки ҳамин парвандаро аз нав баррасӣ мекунад, ҳатмӣ мебошад.
2. Суди марҳилаи кассатсионӣ ҳуқуқ надорад масъалаҳои боэътимод ё беэътимод будани ин ё он далел, афзалияти як далел нисбат ба дигар далел, инчунин дар хусуси он, ки ҳангоми баррасии нави парванда кадом ҳалнома бояд қабул гардад пешакӣ ҳал намояд.
Моддаи 359. Тартиби баррасии шикоят ва эътирози кассатсионӣ, ки ба суди марҳилаи кассатсионӣ баъди баррасии парванда ворид гардидааст
1. Агар шикоят ва эътирози кассатсионие, ки дар мӯҳлати муқарраргардида ё баъди барқарор намудани мӯҳлати гузаронидашуда ирсол гардидааст, ба суди марҳилаи кассатсионӣ баъди баррасии парванда оид ба дигар шикоят ва эътироз ворид шуда бошад, суд ӯҳдадор аст чунин шикоят ва эътирози кассатсиониро ба мурофиаи худ қабул кунад.
2. Суди марҳилаи кассатсионӣ, агар дар натиҷаи мутобиқи қисми 1 ҳамин модда баррасӣ намудани шикоят ва эътирози кассатсионӣ ба хулосае ояд, ки қарори суди марҳилаи кассатсионии қаблан кабулшуда ғайриқонунӣ ё беасос мебошад, онро бекор мекунад ва қарори нави марҳилаи кассатсионӣ қабул мекунад.
Моддаи 360. Ҳуқуқи шикоят ва эътироз кардани таъиноти суди марҳилаи якум
1. Дар ҳолатҳои зерин аз ҷониби тарафҳо ва дигар шахсони иштирокчии парванда оид ба таъиноти суди марҳилаи якум ба суди марҳилаи кассатсионӣ аз ҳалнома ҷудо мумкин аст, шикояти хусусӣ ва прокурор эътироз пешниҳод карда шавад:
- дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс;
- ҳангоме, ки агар таъинот имконпазирии мурофиаи минбаъдаи парвандаро истисно намояд.
2. Нисбат ба дигар таъиноти суди марҳилаи якум шикояти хусусӣ ва эътироз пешниҳод карда намешавад, аммо норозигӣ нисбат ба онҳо метавонад ба шикоят ва эътирози кассатсионӣ дохил карда шавад.
Моддаи 361. Мӯҳлати пешниҳоди шикояти хусусӣ ва эътироз
Шикояти хусусӣ ва эътироз мумкин аст дар мӯҳлати даҳ рӯз аз рӯзи ба шахсони иштирокчии парванда супоридани нусхаи таъиноти суди марҳилаи якум пешниҳод карда шавад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1167).
Моддаи 362. Тартиби пешниҳод ва баррасии шикояти хусусӣ ва эътироз
1. Пешниҳоди шикояти хусусӣ ва эътироз ва баррасии он аз ҷониби суди марҳилаи кассатсионӣ бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин боб анҷом дода мешавад.
2. Ҳангоми ба суди марҳилаи кассатсионӣ ворид гардидани шикояти кассатсионӣ ё эътирози кассатсионӣ ва ё эътирозу шикоятҳои хусусӣ, оид ба як санади судӣ, онҳо якҷоя баррасӣ карда шуда, як қарор қабул карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871).
Моддаи 363. Ҳуқуқи суди марҳилаи кассатсионӣ ҳангоми баррасии шикояти хусусӣ ва эътироз
Суди марҳилаи кассатсионӣ шикояти хусусӣ ва эътирозро баррасӣ намуда, ҳуқуқ дорад:
- таъиноти суди марҳилаи якумро бетағйир монад, шикоят ва эътирозро қонеъ нагардонад;
- таъинотро бекор кунад ва масъаларо барои баррасии нав ба суди марҳилаи якум супорад;
- таъинотро пурра ё қисман бекор кунад ва масъаларо моҳиятан ҳал намояд.
Моддаи 364. Эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори суди марҳилаи кассатсионӣ, ки мутобиқи шикояти хусусӣ ва эътироз қабул карда шудааст
Қарори суди марҳилаи кассатсионӣ, ки мутобиқи шикояти хусусӣ ва эътироз қабул карда шудааст, аз рӯзи қабул кардани он эътибори қонунӣ пайдо мекунад.
ФАСЛИ IV АЗ НАВ БАРРАСӢ НАМУДАНИ САНАДҲОИ СУДИИ ЭЪТИБОРИ ҚОНУНӢ ПАЙДОКАРДА
БОБИ 40. МУРОФИА ДАР СУДИ МАРҲИЛАИ НАЗОРАТӢ
Моддаи 365. Ҳуқуқи муроҷиат ба суди марҳилаи назоратӣ
1. Нисбат ба санадҳои судии эътибори қонунӣ пайдокарда, ба истиснои қарорҳои Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба суди марҳилаи назоратӣ аз ҷониби шахсони иштирокчии парванда ва дигар шахсон, ки агар ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо бо санадҳои судии қабулкардаи суд вайрон гардида бошад, мумкин аст бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин боб шикояти назоратӣ ва прокурор дар доираи ваколатҳои худ эътирози назоратӣ пешниҳод карда шавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1898).
2. Нисбат ба санадҳои судӣ ба суди марҳилаи назоратӣ дар мӯҳлати як сол аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани онҳо мумкин аст шикоят ва эътирози назоратӣ пешниҳод гардад.
3. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ӯ нисбат ба санадҳои судии эътибори қонунӣ пайдокардаи ҳамаи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои қарорҳои Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эътирози назоратӣ пешниҳод менамоянд. Прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони онҳо нисбат ба санадҳои судии эътибори қонунӣ пайдокардаи судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои онҳо, ба истиснои қарорҳои раёсатҳои суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, мувофиқан ба марҳилаи назоратии ин судҳо эътирози назоратӣ пешниҳод менамоянд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1898).
4. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ӯ, прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони онҳо метавонад парвандаро, ки санади судии аз рӯи он қабулшуда эътибори қонунӣ пайдо кардааст, бо мақсади баррасӣ намудани масъала оид ба пешниҳоди эътирози назоратӣ аз суди дахлдор талаб намояд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1898).
Моддаи 366. Тартиби пешниҳод намудани шикоят ё эътирози назоратӣ
1. Шикоят ё эътирози назоратӣ бевосита ба суди марҳилаи назоратӣ пешниҳод карда мешавад.
2. Шикоят ё эътирози назоратӣ ба санадҳои судии зерин пешниҳод мегардад:
- оид ба қарори кассатсионии суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, суди шаҳри Душанбе, оид ба фармон, ҳалнома ва таъиноти эътибори қонунӣ пайдокардаи судҳои шаҳр ва ноҳия мутаносибан ба Раёсати суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, суди шаҳри Душанбе;
- оид ба ҳалнома ва ё таъиноти эътибори қонунӣ пайдокардаи судҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, оид ба ҳалнома ва ё таъиноти эътибори қонунӣ пайдокардаи суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва суди шаҳри Душанбе, ки ба сифати суди марҳилаи якум қабул кардаанд, агар ин ҳалнома ё таъинот дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасии кассатсионӣ қарор нагирифта бошад, оид ба қарори Раёсати суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва суди шаҳри Душанбе, оид ба ҳалнома ва ё таъиноти эътибори қонунӣ пайдокардаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар онҳо ба тариқи кассатсионӣ мавриди баррасӣ қарор нагирифта бошанд мутаносибан ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои маданӣ ва коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 12.01.2010 № 582, аз 03.01.2024 № 2022);
- оид ба ҳалнома ва таъиноти эътибори қонунӣ пайдокардаи судҳои ҳарбии гарнизонҳо - ба коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- оид ба қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои мадании Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қарори коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - ба Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 12.01.2010 № 582, аз 03.01.2024 № 2022).
Моддаи 367. Мӯҳтавои шикоят ё эътирози назоратӣ
1. Шикоят ё эътирози назоратӣ бояд маълумотҳои зеринро дар бар гирад:
- номи суде, ки ба он шикоят ё эътирози назоратӣ ирсол мегардад;
- насаб, ном ва номи падари шахсе, ки шикоят ё эътирози назоратӣ пешниҳод кардааст, маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавӣ ва мавқеи мурофиавии ӯ дар парванда (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- насаб, ном ва номи падари дигар шахсони иштирокчии парванда, маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии онҳо (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- зикри судҳое, ки парвандаро ба сифати суди марҳилаи якум ё марҳилаи кассатсионӣ ё назоратӣ баррасӣ намудаанд ва мӯҳтавои санадҳои судии қабулнамудаи онҳо;
- зикри санади судӣ, ки таҳти шикоят ё эътирози назоратӣ қарор гирифтаанд;
- ишора ба вайрон кардани қонун аз ҷониби судҳо;
- зикри қаблан боздошт гардидани иҷрои санади судӣ (Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1855);
- хоҳиши шахсе, ки шикоят ё эътироз пешниҳод кардааст.
2. Агар шикоят ё эътирози назоратӣ қаблан ба марҳилаи назоратӣ пешниҳод шуда бошад, дар он бояд ба қарори қабулнамудаи суд ишора гардад.
3. Шикояти назоратиро бояд шахси пешниҳоднамуда ё намояндаи ӯ имзо кунад. Ба шикояти назоратие, ки намоянда пешниҳод кардааст, ваколатнома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ваколати намоянда замима мегардад. Эътирози назоратӣ бояд аз ҷониби прокуроре, ки эътироз овардааст, имзо карда шавад.
4. Шикоят ё эътирози назоратӣ бо нусхаҳо мутаносибан ба теъдоди шахсони иштирокчии парванда пешниҳод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1898).
5. Шикоят ё эътирози назоратӣ метавонад дар шакли электронӣ бо имзои электронии рақамии тасдиқшуда тавассути ҷойгир намудани он дар сомонаи суд пешниҳод карда шавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1930).
Моддаи 368. Амали суди марҳилаи назоратӣ баъди пешниҳод намудани шикоят ё эътирози назоратӣ
1. Шикоят ё эътирози назоратӣ, ба истиснои эътирози назоратии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи тобеияти судии муайяннамудаи моддаи 366 ҳамин Кодекс пешниҳод шудааст, бо супориши раиси суди дахлдор ё муовини ӯ ба баррасии судяи ҳамин суд супорида мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1898).
2. Эътирози назоратии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба санадҳои судии эътибори қонунӣ пайдокарда бевосита аз ҷониби суди марҳилаҳои назоратии дахлдор ба тариқи дастҷамъона баррасӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1898).
Моддаи 369. Бе баррасӣ баргардонидани шикоят ё эътирози назоратӣ
Шикоят ё эътирози назоратӣ аз ҷониби судя дар мӯҳлати даҳ рӯз аз рӯзи воридшавӣ ба суди марҳилаи назоратӣ бе баррасӣ дар ҳолатҳои зерин баргардонида мешавад, агар:
- шикоят ё эътироз ҷавобгӯи талаботи пешбининамудаи моддаи 367 ҳамин Кодекс набошад;
- шикоят ё эътирозро шахсе пешниҳод карда бошад, ки барои муроҷиат ба суди марҳилаи назоратӣ ҳуқуқ надорад;
- мӯҳлати пешниҳоди шикоят ё эътироз нисбат ба санадҳои судӣ бо тартиби назоратӣ гузаронида шуда бошад;
- то қабули шикоят ё эътироз ҷиҳати моҳиятан баррасӣ намудани он дар хусуси баргардонидан ё бозхонди онҳо дархост ворид шуда бошад;
- шикоят ё эътироз бо вайрон кардани қоидаҳои тартиби муқаррарнамудаи моддаи 366 ҳамин Кодекс пешниҳод шуда бошад.
Моддаи 370. Талаб карда гирифтани парванда дар асоси шикоят ё эътирози назоратӣ
1. Дар ҳолати мавҷуд набудани асосҳои пешбининамудаи моддаи 369 ҳамин Кодекс судяи суди марҳилаи назоратӣ шикоят ё эътирозро қабул намуда, оид ба талаб карда гирифтани парванда аз суди дахлдор таъинот қабул мекунад.
2. Ҳангоми талаб карда гирифтани парванда судя ҳуқуқ дорад иҷрои санади судиро то хотимаи мурофиа дар суди марҳилаи назоратӣ боздорад, агар дар шикоят ё эътирози пешниҳодшуда ё дар дигар дархост чунин хоҳиш зикр гардида бошад.
3. Боздошти иҷрои санади судӣ дар марҳилаҳои назоратии судӣ ба судяҳои суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва раисони ин судҳо, судяи Суди Олӣ, муовинони Раиси Суди Олӣ, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон на бештар аз як маротиба иҷозат дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1855).
Моддаи 371. Баррасии парвандаҳое, ки ба суди марҳилаи назоратӣ талаб карда гирифта шудаанд
1. Парвандаи талаб карда гирифтаро судяи суди марҳилаи назоратӣ, ба истиснои судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мӯҳлати на бештар аз як моҳ, судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, дар мӯҳлати на бештар аз ду моҳ баррасӣ менамояд. Чунин мӯҳлатро раиси суд ё муовини ӯ метавонад мутаносибан то як моҳи дигар дароз намояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871).
2. Оид ба натиҷаи баррасии парванда, ки ба суди марҳилаи назоратӣ талаб карда гирифта шудааст, судя таъиноти зерин қабул мекунад:
- оид ба рад намудани ирсоли парванда ҷиҳати моҳиятан баррасӣ намудани он ба суди марҳилаи назоратӣ;
- оид ба ирсол намудани парванда ба суди марҳилаи назоратӣ барои моҳиятан баррасӣ намудани шикоят ё эътирози назоратӣ.
3. Парвандае, ки ба баррасии суди марҳилаи назоратӣ супурда шудааст, дар мӯҳлати на дертар аз ду моҳ баррасӣ мегардад.
Моддаи 372. Таъинот оид ба рад намудани ирсоли парванда барои моҳиятан баррасӣ намудани он дар суди марҳилаи назоратӣ
1. Таъинот оид ба рад намудани ирсоли парванда барои моҳиятан баррасӣ намудани он дар суди марҳилаи назоратӣ бояд маълумотҳои зеринро дар бар гирад:
- сана ва маҳалли қабул кардани таъинот;
- номи суд, насаб, ном ва номи падари судяе, ки таъинотро қабул кардааст (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- насаб, ном ва номи падари шахсе, ки шикоят ё эътирози назоратиро пешниҳод намудааст (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- ишора ба санадҳои судӣ, ки мавриди шикоят ва эътироз қарор гирифтааст;
- асосҳои рад намудани ирсоли парванда ба суди марҳилаи назоратӣ барои моҳиятан баррасӣ намудани он.
2. Раиси суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони судҳои вилоятӣ, раиси суди шаҳри Душанбе, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ ҳуқуқ доранд бо таъиноти судя ҷиҳати рад намудани ирсоли парванда барои моҳиятан баррасӣ намудани он дар суди марҳилаи назоратӣ розӣ нашаванд. Дар ин ҳолат раиси суди дахлдор ё муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ирсоли парванда барои моҳиятан баррасӣ намудан дар суди марҳилаи назоратӣ таъинот қабул мекунад (Қонуни ҶТ аз  2.01.2018 № 1474).
Моддаи 373. Таъинот оид ба ирсоли парванда барои моҳиятан баррасӣ намудан дар суди марҳилаи назоратӣ
1. Таъинот оид ба ирсоли парванда барои моҳиятан баррасӣ намудан дар суди марҳилаи назоратӣ бояд маълумотҳои зеринро дар бар гирад:
- сана ва маҳалли қабул намудани таъинот;
- насаб, ном ва номи падари судяе, ки таъинот қабул кардааст (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- номи суди марҳилаи назоратие, ки парванда ба он ҷиҳати моҳиятан баррасӣ намудан ирсол мегардад;
- насаб, ном ва номи падари шахсе, ки шикоят ё эътирози назоратиро пешниҳод кардааст (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- ишора ба ҳалномаҳое, ки мавриди шикоят ва эътироз қарор гирифтаанд;
- зикри мӯҳтавои парванда, ки нисбат ба он қарорҳои суд қабул карда шудаанд;
- зикри далелнокии асосҳо ҷиҳати ирсоли парванда барои моҳиятан баррасӣ намудани он;
- пешниҳоди судяе, ки таъинот қабул кардааст.
2. Судя якҷоя бо таъиноти қабулкарда ва маводи парванда ба суди марҳилаи назоратӣ шикоят ё эътирози назоратиро ирсол менамояд.
Моддаи 374. Огоҳ намудани шахсони иштирокчии парванда оид ба ирсоли парванда барои моҳиятан баррасӣ намудан дар суди марҳилаи назоратӣ
1. Суди марҳилаи назоратӣ ба шахсони иштирокчии парванда нусхаи таъинотро оид ба ирсоли парванда барои моҳиятан баррасӣ намудан дар суди марҳилаи назоратӣ ва нусхаи шикоят ё эътирози назоратиро мефиристонад. Вақти баррасии парвандаро суд бо дарназардошти имконияти ба маҷлиси судӣ ҳозир шудани ҳамаи шахсони иштирокчии парванда муайян мекунад.
2. Шахсони иштирокчии парванда оид ба вақт ва маҳалли баррасии парванда огоҳ карда мешаванд, аммо ҳозир нашудани онҳо барои баррасии парванда монеа намегардад.
Моддаи 375. Тартиби баррасии парванда дар суди марҳилаи назоратӣ
1. Суди марҳилаи назоратӣ парвандаҳоро дар маҷлиси судӣ баррасӣ менамояд. Дар маҷлиси судӣ шахсони иштирокчии парванда, намояндагони онҳо ва дигар шахсон, ки шикоят ё эътирози назоратиро пешниҳод кардаанд, агар ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо бо санадҳои қабулкардаи суд вайрон гардида бошад, иштирок менамоянд.
Агар прокурор ҳамчун шахси иштирокчии парванда бошад ва инчунин аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби назоратӣ эътироз пешниҳод гардида бошад, дар маҷлиси судӣ иштирок мекунанд:
- Прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, прокурорҳои вилоят, прокурори шаҳри Душанбе ва ё муовинони онҳо - мутаносибан дар Раёсати суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, суди шаҳри Душанбе;
- Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон - дар Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон - дар коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои мадании Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 12.01.2010 № 582, аз 03.01.2024 № 2022).
2. Оид ба парвандае, ки бо тартиби назоратӣ дар раёсати суди дахлдор баррасӣ мегардад, раиси суд ё муовини ӯ ё мутобиқи супориши онҳо дигар аъзои раёсат ё дигар судяе, ки қаблан дар баррасии парванда дар ҳамин суд иштирок накардааст, маърӯза менамояд. Дар коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои мадании Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси парванда яке аз судяҳои коллегия маърӯза менамояд (Қонуни ҶТ аз 12.01.2010 № 582, аз 03.01.2024 № 2022).
3. Маърӯзачӣ ҳолатҳои парванда, мӯҳтавои санадҳои судии вобаста ба парванда қабулгардида, асосҳои шикоят ё эътирози назоратӣ ва таъинот оид ба оғоз намудани мурофиаи назоратиро баён мекунад. Судяҳо метавонанд ба маърӯзачӣ савол диҳанд.
4. Шахсони дар қисми якуми ҳамин модда зикргардида, агар онҳо ба маҷлиси судӣ ҳозир шуда бошанд, ҳуқуқ доранд оид ба парванда баёнот диҳанд. Аввалин шуда шахсе баёнот медиҳад, ки шикоят ё эътирози назоратиро пешниҳод кардааст.
5. Ҳангоми баррасии парванда бо тартиби назоратӣ ҳамаи масъалаҳо бо овоздиҳии ошкоро ва бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи овозҳо қабул карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871).
6. Дар хусуси аз ҷониби суди марҳилаи назоратӣ қабул кардани қарор ба шахсони иштирокчии парванда иттилоъ дода мешавад.
7. Шахсони иштирокчии парванда метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 334 хамин Кодекс аз шикоят ё эътирози худ даст кашанд ва ё онро бозхонд намоянд.
Моддаи 376. Асосҳо барои бекор кардан ё тағйир додани санадҳои судӣ бо тартиби назоратӣ
Асосҳо барои бо тартиби назоратӣ бекор кардан ё тағйир додани санадҳои судӣ ба таври ҷиддӣ вайрон кардани меъёрҳои ҳуқуқҳои моддӣ ва мурофиавӣ мебошад.
Моддаи 377. Қарори суди марҳилаи назоратӣ
1. Оид ба натиҷаҳои баррасии парванда бо тартиби назоратӣ суди марҳилаи назоратӣ карори асоснок мебарорад, ки бояд маълумотҳои зеринро дар бар гирад:
- ном ва ҳайати суде, ки қарор қабул кардааст;
- сана ва маҳалли қабул кардани қарор;
- парвандае, ки нисбат ба он қарор қабул карда шудааст;
- насаб, ном ва номи падари шахсе, ки бо тартиби назоратӣ ҷиҳати аз нав баррасӣ намудани парванда шикоят ё эътирози назоратиро пешниҳод кардааст (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- насаб, ном ва номи падари судяе, ки оид ба ирсоли парванда ба суди марҳилаи назоратӣ ҷиҳати моҳиятан баррасӣ намудани он таъинот қабул кардааст (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- мӯҳтавои санадҳои судии таҳти шикоят ё эътирози қарордоштаи судҳои поёнӣ;
- қонуне, ки дар асоси он вобаста ба натиҷаҳои моҳиятан баррасӣ намудани парванда қарор қабул карда шудааст.
2. Қарори раёсати суди дахлдорро раиси он, қарори коллегияи судиро судяҳое, ки парвандаро бо тартиби назоратӣ баррасӣ намудаанд, имзо мекунанд.
Моддаи 378. Бо эътирози Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав дида баромадани санадҳои судӣ бо тартиби назоратӣ
Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ягонагии таҷрибаи судӣ ва қонуният ҳуқуқ дорад ба Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз нав дида баромадани санадҳои судӣ бо тартиби назоратӣ эътирози асоснок ирсол намояд.
Моддаи 379. Ваколати суди марҳилаи назоратӣ
1. Суди марҳилаи назоратӣ ҳангоми баррасии парванда ҳуқуқ дорад:
- санади судии марҳилаи якум, кассатсионӣ ва ё назоратиро бетағйир монад, шикоят ё эътирози назоратиро дар бораи аз нав баррасӣ намудани парванда бо тартиби назоратӣ рад намояд;
- санади суди марҳилаи якум, кассатсионӣ ва ё назоратиро пурра ё қисман бекор кунад ва парвандаро барои баррасии нав ирсол намояд;
- санади суди марҳилаи якум, кассатсионӣ ва ё назоратиро пурра ё қисман бекор кунад ё аризаро бе баррасӣ монад ё мурофиаи парвандаро қатъ кунад;
- эътибори қонунии яке аз санадҳои судии оид ба парванда қабулшударо эътироф кунад;
- санади суди марҳилаи якум, кассатсионӣ ва ё назоратиро бекор кунад ё тағйир диҳад ва агар ҳангоми татбиқ ё маънидодкунии меъёрҳои ҳуқуқи моддӣ ба иштибоҳ роҳ дода шуда бошад, парвандаро барои баррасии нав насупорида, ҳалномаи нав қабул кунад.
2. Дар сурати ду маротиба бекор карда шудани ҳалномаҳо ва қарорҳои судӣ вобаста ба парвандаи мушаххас, ин парвандаро ба баррасии ҳамин суд ба сифати суди марҳилаи якум ирсол менамояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871).
Моддаи 380. Эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори суди марҳилаи назоратӣ
Қарори суди марҳилаи назоратӣ аз рӯзи қабул намудани он эътибори қонунӣ пайдо мекунад.
БОБИ 41. ВОБАСТА БА ҲОЛАТҲОИ НАВ ОШКОРГАРДИДА АЗ НАВ БАРРАСӢ НАМУДАНИ ҲАЛНОМА Ё ТАЪИНОТИ ЭЪТИБОРИ ҚОНУНӢ ПАЙДОНАМУДА
Моддаи 381. Вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида аз нав баррасӣ намудани ҳалнома ё таъиноти эътибори қонунӣ пайдонамуда
1. Ҳалнома ё таъиноти эътибори қонунӣ пайдонамударо вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида аз нав баррасӣ намудан мумкин аст.
2. Асосҳои аз нав баррасӣ намудани ҳалнома ё таъиноти эътибори қонунӣ пайдонамудаи суд вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида инҳо мебошанд:
- ҳолатҳои барои парванда ҷиддие, ки барои аризадиҳанда маълум набуданд ва маълум буда наметавонистанд;
- нишондоди баръало бардурӯғи шоҳид, хулосаи баръало бардурӯғи коршиноси судӣ, тарҷумаи баръало бардурӯғи тарҷумон, сохтакории далелҳо, ки боиси баровардани ҳалнома ё таъиноти ғайриқонунӣ ё беасос гардидааст ва мутобиқи ҳукми ба қувваи қонунӣ даромадаи суд муайян карда шудааст;
- ҷинояти тарафҳо, дигар шахсони иштирокчии парванда ё намояндагони онҳо ё судяҳо, ки ҳангоми баррасӣ ва ҳалли ҳамин парванда содир гардидааст ва мутобиқи ҳукми ба қувваи қонунӣ даромадаи суд муайян карда шудааст;
- бекор кардани ҳалнома, ҳукм ё таъинот ё қарори дигар мақомоти давлатӣ ё мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ки боиси баровардани ҳамин ҳалнома ё таъинот гардидааст.
Моддаи 382. Судҳое, ки ҳалнома ё таъинотро вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргадида аз нав баррасӣ менамоянд
Ҳалнома ё таъиноти эътибори қонунӣ пайдонамудаи суди марҳилаи якум вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардидаро суде, ки ин ҳалнома ё таъинотро баровардааст, аз нав баррасӣ менамояд. Аз нав баррасӣ намудани ҳалнома ё таъиноти марҳилаи кассатсионӣ ё назоратиро вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргадида, ки дар асоси онҳо ҳалномаи суди марҳилаи якум тағйир дода шудааст ё ҳалномаи нав қабул шудааст, суде анҷом медиҳад, ки ҳалномаро тағйир додааст ё ҳалномаи нав баровардааст.
Моддаи 383. Пешниҳоди ариза дар бораи аз нав баррасӣ намудани ҳалнома ё таъинот вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида
Ариза дар бораи аз нав дида баромадани ҳалнома, таъинот вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида аз ҷониби тарафҳо, прокурор, дигар шахсони иштирокчии парванда ба суде пешниҳод мегардад, ки ин ҳалнома ё таъинотро баровардааст. Чунин ариза метавонад дар мӯҳлати се моҳ аз рӯзи муқарраргардидаи асосҳо барои аз нав дида баромадани ҳалнома ё таъинот пешниҳод шавад. Ариза дар бораи аз нав дида баромадани санади судии эътибори қонунӣ пайдокарда аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоргардида метавонад дар шакли электронӣ бо имзои электронии рақамии тасдиқшуда тавассути ҷойгир намудани он дар сомонаи суд пешниҳод карда шавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1930).
Моддаи 384. Баҳисобгирии мӯҳлати пешниҳоди ариза дар бораи аз нав баррасӣ намудани ҳалнома ё таъинот вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида
Мӯҳлати пешниҳоди ариза дар бораи аз нав баррасӣ намудани ҳалнома ё таъинот вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида чунин мебошад:
- мутобиқи сархати якуми қисми 2 моддаи 381 ҳамин Кодекс - аз рӯзи муайян гардидани ҳолатҳои барои парванда ҷиддӣ;
- мутобиқи сархатҳои дуюм ва сеюми қисми 2 моддаи 381 ҳамин Кодекс - аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм оид ба парвандаи ҷиноятӣ;
- мутобиқи сархати чоруми қисми 2 моддаи 381 ҳамин Кодекс - аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома, ҳукм ё таъинот, ки ҳалнома, ҳукм ё таъиноти қаблан баровардаро бекор мекунад ё қарори мақомоти давлатӣ ё мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ки ҳалнома ё таъиноти аз нав баррасишаванда ба он асос ёфтааст ё аз рӯзи қабули қарори нав аз ҷониби мақомоти давлатӣ ё мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ки ҳалнома ё таъиноти аз нав баррасишавандаи суд ба онҳо асос ёфтааст.
Моддаи 385. Баррасии ариза дар бораи аз нав баррасӣ намудани ҳалнома ё таъинот вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида
Суд аризаро дар бораи аз нав баррасӣ намудани ҳалнома ё таъинот вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида дар маҷлиси судӣ баррасӣ менамояд. Тарафҳо, прокурор, дигар шахсони иштирокчии парванда оид ба вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ огоҳ карда мешаванд, аммо ҳозир нашудани онҳо барои баррасии ариза монеа намегардад.
Моддаи 386. Таъинот дар бораи аз нав баррасӣ намудани ҳалнома ё таъинот вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида
1. Суд аризаро дар бораи аз нав баррасӣ намудани ҳалнома ё таъинот вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида баррасӣ намуда ё аризаи пешниҳодгардидаро қонеъ мегардонад ё ҳалнома ё таъинотро бекор мекунад ё аз нав баррасӣ намудани онҳоро рад менамояд.
2. Оид ба таъинот дар хусуси қонеъ гардонидани ариза ҷиҳати аз нав баррасӣ намудани ҳалнома ё таъинот вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида пешниҳоди шикоят манъ аст.
3. Ҳангоми бекор кардани ҳалнома ё таъинот парванда тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс баррасӣ карда мешавад.
ФАСЛИ V ИСТЕҲСОЛОТИ ПАРВАНДА БО ИШТИРОКИ ШАХСОНИ ХОРИҶӢ
БОБИ 42. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 387. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои мурофиавии шахсони хориҷӣ
1. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ташкилотҳои хориҷӣ ва байналмилалӣ (минбаъд - шахсони хориҷӣ) метавонанд ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳои вайроншуда ё баҳсталаб, озодӣ ва манфиатҳои қонуниашон ба судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
2. Шахсони хориҷӣ аз ҳуқуқҳои мурофиавӣ истифода мебаранд ва ӯҳдадориҳои мурофиавиро баробари шаҳрвандон ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро мекунанд.
3. Баррасии судии парвандаҳо, ки дар онҳо шахсони хориҷӣ иштирок менамоянд, дар асоси ҳамин Кодекс, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст ва ҳамчунин дар асоси созишномаи тарафҳо анҷом дода мешавад.
4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад нисбат ба шахсони хориҷии давлатҳое, ки нисбат ба шаҳрвандон ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудиятҳои ҳуқуқи мурофиавӣ муқаррар кардаанд, чунин маҳдудиятҳои ҷавобиро муқаррар намояд.
Моддаи 388. Қобилияти ҳуқуқдорӣ ва қобилияти амалкунии мурофиавии мадании шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022)
1. Қобилияти ҳуқуқдорӣ ва қобилияти амалкунии мурофиавии мадании шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд мутобиқи қонуни шахсии онҳо муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
2. Қонуни шахсии шаҳрванди хориҷӣ ҳуқуқи давлате ба ҳисоб меравад, ки ӯ шаҳрванди он мебошад. Агар шаҳрванд ҳамзамон бо доштани шаҳрвандии давлати хориҷӣ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, қонуни шахсии ӯ қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Агар шаҳрванд шаҳрванди якчанд давлати хориҷӣ бошад, қонуни шахсии ӯ қонуни давлате ба ҳисоб меравад, ки шаҳрванд дар он маҳалли истиқомат дорад.
3. Агар шаҳрванди хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли истиқомат дошта бошад, қонуни шахсии ӯ қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
4. Қонуни шахсии шахси бешаҳрванд қонуни давлате ба ҳисоб меравад, ки ӯ дар он ҷо маҳалли истиқомат дорад.
5. Шахсе, ки мутобиқи қонуни шахсии худ қобилияти амалкунии мурофиавӣ надорад, метавонад дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои қобилияти амалкунии мурофиавӣ эътироф гардад, агар мутобиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯ қобилияти амалкунии мурофиавӣ дошта бошад.
Моддаи 389. Қобилияти ҳуқуқдории мурофиавии мадании ташкилоти хориҷӣ ва ташкилоти байналмилалӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022)
1. Қонуни шахсии ташкилоти хориҷӣ ҳуқуқи кишваре ба ҳисоб меравад, ки дар он ҳамин ташкилот таъсис ёфтааст. Дар асоси қонуни шахсии ташкилоти хориҷӣ қобилияти ҳуқуқдории мурофиавии мадании он муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
2. Ташкилоти хориҷие, ки мутобиқи қонуни шахсӣ дорои қобилияти ҳуқуқдории мурофиавии маданӣ намебошад, метавонад дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои қобилияти ҳуқуқи мурофиавии маданӣ эътироф гардад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1474, аз 03.01.2024 № 2022).
3. Қобилияти ҳуқуқдории мурофиавии мадании ташкилоти байналмилалӣ дар асоси шартномаҳои байналмилалӣ, ки мутобиқи онҳо ҳамин ташкилот таъсис ёфтааст, ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ё созишномаҳо бо мақомоти салоҳиятдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
Моддаи 390. Даъвоҳо нисбат ба давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ. Масунияти дипломатӣ
1. Пешниҳоди даъво ба суди Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба давлатҳои хориҷӣ, ҷалби давлати хориҷӣ ҷиҳати иштирок дар парванда ба сифати ҷавобгар ё шахси сеюм, ба ҳабс гирифтани молу мулки марбут ба ин давлати хориҷӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва нисбат ба ин молу мулк андешидани дигар тадбирҳои таъмини даъво, ситонидан аз ин молу мулк бо тартиби иҷрои ҳалнома, агар дар қонунҳо ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, танҳо бо мувофиқаи мақомоти салоҳиятдори давлати дахлдор иҷозат дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1474).
2. Ташкилотҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба парвандаҳо дар доираи муайяннамудаи қонунҳо ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мавриди юрисдиксияи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
3. Намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, дигар шахсони дар қонун ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикргардида вобаста ба парвандаҳои маданӣ дар доираи муқаррарнамудаи меъёри ҳуқуқии байналмилалӣ ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мавриди юрисдиксияи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
БОБИ 43. ТОБЕИЯТИ СУДИИ ПАРВАНДАҲО БО ИШТИРОКИ ШАХСОНИ ХОРИҶӢ ДАР СУДҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 391. Татбиқи қоидаҳои тобеияти судӣ
1. Агар қоидаҳои ҳамин боб тартиби дигаре муқаррар накарда бошанд, тобеияти парвандаҳо бо иштироки шахсони хориҷӣ дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қоидаҳои боби 3 ҳамин Кодекс муайян карда мешаванд.
2. Судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳоро бо иштироки шахсони хориҷӣ ҳангоме баррасӣ менамоянд, ки агар ташкилоти ҷавобгар дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шуда бошад ё шаҳрванди хориҷии ҷавобгар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли истиқомат дошта бошад.
3. Судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд инчунин парвандаҳоро бо иштироки шахсони хориҷӣ дар ҳолатҳои зерин баррасӣ кунанд, агар:
- мақомоти идоракунанда, филиал ё намояндагии шахси хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шуда бошад;
- ҷавобгар дорои молу мулке бошад, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудааст;
- вобаста ба парвандаҳо оид ба ситонидани алимент ва муқаррар намудани падарӣ даъвогар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли истиқомат дошта бошад;
- вобаста ба парвандаҳо оид ба ҷуброни зараре, ки тавассути осеб ё бо тарзи дигар ба саломатӣ расонида шудааст ё боиси фавти саробон гардидааст, агар зарар дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шуда бошад ё даъвогар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли истиқомат дошта бошад;
- вобаста ба парвандаҳо оид ба ҷуброни зарари ба молу мулк расонидашуда, амал ё дигар ҳолате, ки барои пешниҳоди талабот ҷиҳати ҷуброни зарар асос гардидааст, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро шуда бошад;
- даъво аз шартномае ба миён ояд, ки пурра ё қисман иҷро намудани шартнома дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шудааст ё бояд анҷом дода шавад;
- даъво аз дорошавии беасос ба миён ояд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон рух додааст;
- даъвогар вобаста ба парвандаҳо дар бораи бекор кардани ақди никоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли истиқомат дошта бошад ё яке аз ҳамсарон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад;
- даъвогар вобаста ба парвандаҳо дар бораи ҳифзи шаъну эътибори корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли истиқомат дошта бошад.
Моддаи 392. Тобеияти истисноии судии парвандаҳо бо иштироки шахсони хориҷӣ
1. Ба тобеияти истисноии судӣ дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои зерин марбут мебошанд:
- парвандаҳо дар бораи ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқул, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад;
- парвандаҳо дар бораи баҳсҳое, ки аз шартномаи боркашонӣ бармеоянд, агар боркашонҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта бошанд;
- парвандаҳо дар бораи бекор кардани никоҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд, агар ҳамсарон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли истиқомат дошта бошанд;
- парвандаҳои пешбининамудаи бобҳои 23-26 ҳамин Кодекс.
2. Судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои мурофиаи махсусро дар ҳолатҳои зайл баррасӣ менамоянд, агар:
- аризадиҳанда вобаста ба парванда дар бораи муқаррар намудани ҳолати дорои аҳамияти ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли истиқомат дошта бошад ё ҳолате, ки бояд муайян гардад, дар худуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд буд ё мавҷуд бошад;
- шаҳрванде, ки нисбат ба ӯ дар бораи фарзандхондӣ, дар бораи ғайри қобили амал эътироф намудан ё маҳдуд намудани қобилияти амалкунии шахси воқеӣ, дар бораи дорои қобилияти пурраи амал эълон намудани ноболиғ (эмансипатсия), дар бораи бистарикунонии маҷбурӣ дар беморхонаҳои равонпизишкӣ, дар бораи тамдиди мӯҳлати бистарикунонии маҷбурии шаҳрванд, ки мубталои бемории рӯҳӣ мебошад, дар бораи муоинаи маҷбурии равонпизишкӣ ариза пешниҳод шудааст, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад ё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли истиқомат дошта бошад (Қонуни ҶТ аз 03.01. 2024 № 2022);
- шахс ё шаҳрванде, ки нисбат ба ӯ оид ба бедарак ғоибшуда эътироф намудан ё вафоткарда эълон карданаш ариза пешниҳод шудааст, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад ё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли охирини маълуми истиқомат дошта бошад ва ҳамзамон ҳалли ин масъала ба барқарор намудани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шаҳрвандоне, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли истиқомат доранд ё ташкилотҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиранд, вобаста бошад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2022).
- дар бораи бесоҳиб эътироф намудани молу мулке, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ё дар хусуси эътирофи ҳуқуқи моликияти коммуналӣ ба молу мулки бесоҳиби ғайриманқул, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ариза пешниҳод шуда бошад;
- дар хусуси беэътибор донистани коғазҳои гумшудаи қиматнок ба пешниҳодкунанда ё коғази қиматноки ордерии аз ҷониби шаҳрванд ё ба шаҳрванд додашуда, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли истиқомат дорад ё аз ҷониби ташкилот ё ба ташкилот додашуда, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудааст, инчунин дар хусуси барқарор намудани ҳуқуқ ба онҳо (мурофиаи даъватӣ) ариза пешниҳод шуда бошад.
Моддаи 393. Тобеияти судии шартномавии парвандаҳо бо иштироки шахсони хориҷӣ
1. Вобаста ба парванда бо иштироки шахси хориҷӣ тарафҳо ҳуқуқ доранд дар бораи тағйир додани тобеияти судии парванда то ба мурофиаи худ қабул кардани суд ба мувофиқа расанд.
2. Тобеияти судии парвандаҳо бо иштироки шахсони хориҷӣ, ки моддаҳои 26, 27, 29 ва 394 ҳамин Кодекс муқаррар намудаанд, наметавонад тибқи созишномаи тарафҳо тағйир дода шавад.
Моддаи 394. Тағйирнопазирии маҳалли баррасии парванда
Парвандае, ки суди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи тобеияти судӣ ба мурофиа қабул кардааст, моҳиятан ҳал карда мешавад, ҳатто агар вобаста ба тағйирёбии шаҳрвандӣ, маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии тарафҳо ё дигар ҳолатҳо он таҳти тобеияти судии дигар давлат қарор гирифта бошад.
Моддаи 395. Оқибатҳои мурофиавии баррасии парванда аз ҷониби суди давлати хориҷӣ
1. Суди Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули аризаи даъвогиро барои мурофиа рад мекунад ё баррасии парвандаро қатъ менамояд, агар ҳалнома доир ба баҳси байни ҳамон шахсон, оид ба ҳамон мавзӯъ ва тибқи ҳамон асосҳо аз ҷониби суди давлати хориҷие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он шартномаи байналмилалӣ бастааст ва он эътирофи мутақобила ва иҷрои ҳалномаҳоро пешбинӣ менамояд, қабул карда шуда бошад.
2. Суди Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаро бармегардонад ё онро баррасӣ намекунад, агар дар суди давлати хориҷӣ, ки қарори он бояд эътироф ё дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда шавад, қаблан доир ба баҳси байни ҳамон шахсон, оид ба ҳамон мавзӯъ ва тибқи ҳамон асосҳо парванда оғоз гардида бошад.
Моддаи 396. Супоришҳои судӣ
1. Судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳои судҳои давлатҳои хориҷиро дар бораи иҷрои амалҳои ҷудогонаи мурофиавӣ (супоридани хабарнома ва дигар ҳуҷҷатҳо, гирифтани баёноти тарафҳо, нишондоди шоҳидон, хулосаи коршиносони судӣ, азназаргузаронӣ дар маҳал ва ғайра), ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунҳо ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон дода шудаанд, иҷро мекунанд.
2. Супориши суди давлати хориҷӣ оид ба иҷрои амалҳои алоҳидаи мурофиавӣ иҷро карда намешавад, агар:
- иҷрои супориш ба истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар оварад ё ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид намояд;
- иҷрои супориш таҳти салоҳияти суд қарор надошта бошад.
3. Иҷрои супоришҳои судҳои давлатҳои хориҷӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
4. Судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ба судҳои давлатҳои хориҷӣ ҷиҳати анҷом додани амалҳои алоҳидаи мурофиавӣ бо супориш муроҷиат кунанд. Тартиби робитаи судҳо бо судҳои хориҷӣ мутобиқи қонун ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 397. Эътирофи ҳуҷҷатҳое, ки мақомоти давлатҳои хориҷӣ додаанд, таҳия ё тасдиқ намудаанд
1. Ҳуҷҷатҳое, ки мақомоти салоҳиятдори давлатҳои хориҷӣ тибқи шакли муқарраргардида ва берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунҳои давлати хориҷӣ ба шаҳрвандон ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахсони хориҷӣ додаанд, таҳия ё тасдиқ намудаанд, агар дар қонунҳо ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, аз ҷониби судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми мавҷудияти апости ё барасмиятдарории консулӣ қабул карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1309).
2. Ҳуҷҷатҳои ба забони хориҷӣ таҳияшуда бояд ба судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҷума ба забони давлатӣ, ки ба тариқи нотариалӣ тасдиқ гардидааст, пешниҳод карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1309).
БОБИ 44. ЭЪТИРОФ ВА ИҶРОИ ҲАЛНОМАҲОИ СУДҲОИ ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶӢ ВА СУДҲОИ ҲАКАМИИ ХОРИҶӢ (АРБИТРАЖҲО)
Моддаи 398. Эътироф ва иҷрои ҳалномаҳои судҳои давлатҳои хориҷӣ
1. Ҳалномаҳои судҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф ва иҷро карда мешаванд, агар ин дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон пешбинӣ гардида бошад.
2. Таҳти ҳалномаҳои судҳои давлатҳои хориҷӣ ҳалномаҳо доир ба парвандаҳои маданӣ, ба истиснои парвандаҳо оид ба баҳсҳои иқтисодӣ ва дигар парвандаҳои вобаста ба иҷрои фаъолияти соҳибкорӣ ё дигар фаъолияти иқтисодӣ, ҳукмҳо оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ дар қисми ҷуброни зиёне, ки дар натиҷаи ҷиноят расонида шудааст, фаҳмида мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022).
3. Ҳалномаи суди давлати хориҷӣ метавонад барои иҷрои маҷбурӣ дар давоми се соли эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суди давлати хориҷӣ пешниҳод карда шавад. Мӯҳлати бо сабабҳои узрнок гузаронидашударо суди Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад бо тартиби пешбининамудаи моддаи 114 ҳамин Кодекс барқарор намояд.
Моддаи 399. Дархост дар бораи иҷрои маҷбурии ҳалномаи судҳои давлати хориҷӣ
Дархости ситонандаро дар бораи иҷрои маҷбурии ҳалномаи судҳои давлати хориҷӣ Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, суди шаҳри Душанбе вобаста ба маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии қарздор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва агар қарздор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавӣ надошта бошад ё маҳалли ҷойгиршавии ӯ маълум набошад, дар маҳалли ҷойгиршавии молу мулки ӯ баррасӣ менамояд.
Моддаи 400. Мӯҳтавои дархост дар бораи иҷрои маҷбурии ҳалномаи судҳои давлати хориҷӣ
1. Дархост дар бораи иҷрои маҷбурии ҳалномаи судҳои давлати хориҷӣ бояд маълумотҳои зеринро дар бар гирад:
- насаб, ном ва номи падари ситонанда, намояндаи ӯ, агар дархостро намоянда пешниҳод кунад, зикри маҳалли истиқомат ва агар ситонанда шахси ҳуқуқӣ бошад, маҳалли ҷойгиршавии он (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- насаб, ном ва номи падари қарздор ва зикри маҳалли истиқомати ӯ ва агар қарздор шахси ҳуқуқӣ бошад, маҳалли ҷойгиршавии он (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- хоҳиши ситонанда оид ба ҳалли иҷрои маҷбурии ҳалнома ё зикри он ки аз кадом вақт иҷрои он талаб карда мешавад.
2. Ба дархост ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва агар онҳо дар шартномаи байналмилалӣ пешбинӣ нашуда бошанд, ҳуҷҷатҳои зайл замима мегарданд:
- нусхаи ҳалномаи тасдиқнамудаи судҳои давлати хориҷӣ оид ба ҳалли маҷбурии иҷро, ки нисбат ба он дархост пешниҳод шудааст;
- ҳуҷҷати расмӣ дар мавриди он ки ҳалнома эътибори қонунӣ пайдо кардааст, агар ин аз матни худи ҳалнома барнаояд;
- ҳуҷҷат оид ба иҷрои ҳалнома, агар он қаблан дар ҳудуди давлати дахлдори хориҷӣ иҷро гардида бошад;
- ҳуҷҷати тасдиқкунанда дар бораи он ки тарафи ба муқобилаш ҳалнома қабулгардида ва дар мурофиа иштирокнакарда саривақт ва бо тартиби дахлдор оид ба вақт ва маҳалли баррасии парванда огоҳ карда шуда буд;
- тарҷумаи тасдиқгардидаи ҳуҷҷатҳои дар сархатҳои якум, дуюм ва сеюми ҳамин қисм зикргардида ба забони давлатӣ.
3. Дархост дар бораи иҷрои маҷбурии ҳалномаи судҳои давлати хориҷӣ дар маҷлиси кушоди судӣ бо огоҳонии қарздор оид ба вақт ва маҳалли баррасии дархост баррасӣ карда мешавад. Бе сабабҳои узрнок ҳозир нашудани қарздоре, ки суд дар хусуси ба ӯ супоридани даъват огоҳ аст, барои баррасии дархост монеа намегардад. Агар қарздор ҷиҳати ба дигар вақт гузаронидани баррасии парванда хоҳиш карда бошад ва ин хоҳишро суд узрнок эътироф карда бошад, суд баррасии парвандаро ба дигар вақт гузаронида, дар ин хусус ба қарздор хабар медиҳад.
4. Суд баёноти қарздорро шунида, далелҳои пешниҳодшударо баррасӣ намуда, дар хусуси иҷрои маҷбурии ҳалномаи судҳои давлати хориҷӣ ё рад кардани он таъинот мебарорад.
5. Дар асоси ҳалномаи судҳои давлати хориҷӣ ва таъиноти эътибори қонунӣ пайдокарда дар бораи иҷрои маҷбурии ин ҳалнома варақаи иҷро дода мешавад, ки он ба суди маҳалли иҷрои ҳалномаи судҳои давлати хориҷӣ ирсол мегардад.
6. Агар ҳангоми ҳалли масъалаҳо ҷиҳати иҷрои маҷбурӣ суд шубҳа дошта бошад, метавонад аз шахсоне, ки барои иҷрои маҷбурии ҳалномаи судҳои давлати хориҷӣ дархост пешниҳод намудаанд, баёнот талаб кунад, инчунин қарздорро вобаста ба моҳияти дархост пурсад ва ҳангоми зарурат тавзеҳоти судҳои давлати хориҷиро, ки ҳалнома қабул кардааст, талаб намояд.
7. Амали вобаста ба иҷрои маҷбурии ҳалномаи судҳои давлати хориҷиро иҷрочии мақомоти иҷро дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1612).
Моддаи 401. Рад намудани иҷрои маҷбурии ҳалномаи судҳои давлати хориҷӣ
1. Рад намудани иҷрои маҷбурии ҳалномаи судҳои давлати хориҷӣ дар ҳолатҳои зерин иҷозат дода мешавад, агар:
- ҳалнома мутобиқи қонунгузории давлате, ки дар ҳудуди он бароварда шудааст, эътибори қонунӣ пайдо накарда бошад ва бояд иҷро карда нашавад;
- тарафе, ки ба муқобили он ҳалнома бароварда шудааст, дар натиҷаи саривақт ва ба таври дахлдор насупоридани огоҳинома оид ба вақт ва маҳалли баррасии парванда аз имконияти иштирок дар мурофиа маҳрум гардида бошад;
- баррасии парванда таҳти тобеияти истисноии судии судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта бошад;
- ҳалномаи эътибори қонунӣ пайдокардаи суди Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба баҳси байни ҳамин тарафҳо, оид ба ҳамон мавзӯъ ва тибқи ҳамон асосҳо қабулгардида мавҷуд бошад ё дар баррасии суди Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандае мавҷуд бошад, ки доир ба баҳси байни ҳамон тарафҳо, оид ба ҳамон мавзӯъ ва тибқи ҳамон асосҳо то оғоз намудани парванда дар суди давлати хориҷӣ оғоз карда шудааст;
- иҷрои ҳалнома метавонад ба истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар оварад ё ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид кунад ё хилофи тартиби оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад;
- мӯҳлати пешниҳоди ҳалнома ҷиҳати иҷрои маҷбурии он гузашта бошад ва ин мӯҳлатро суди Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи дархости ситонанда барқарор накарда бошад.
2. Нусхаи таъинотро, ки мутобиқи қисми 4 моддаи 400 ҳамин Кодекс бароварда шудааст, суд ба ситонанда ва қарздор дар мӯҳлати се рӯзи баровардани он ирсол менамояд.
3. Нисбат ба ин таъинот бо тартиб ва мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ба суди болоӣ мумкин аст шикоят пешниҳод гардад.
Моддаи 402. Эътирофи ҳалномаи судҳои давлатҳои хориҷӣ
1. Ҳалномаи судҳои давлатҳои хориҷӣ, ки иҷрои маҷбуриро тақозо наменамояд, бе мурофиаи минбаъда эътироф карда мешавад, агар аз ҷониби шахси манфиатдор нисбат ба он норозигӣ пешниҳод нагардад.
2. Шахси манфиатдор метавонад дар мӯҳлати як моҳи баъди он ки аз ворид шудани ҳалномаи судҳои давлати хориҷӣ огоҳ гардидааст, ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятӣ ё суди шаҳри Душанбе вобаста ба маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавӣ муқобили эътирофи ин ҳалнома норозигӣ пешниҳод намояд.
3. Норозигии шахси манфиатдор нисбат ба эътирофи ҳалномаи судҳои давлати хориҷӣ дар маҷлиси кушоди суд бо огоҳонии ҳамин шахс оид ба вақт ва маҳалли баррасии норозигӣ баррасӣ карда мешавад. Бе сабабҳои узрнок ҳозир нашудани шахси манфиатдор, ки суд аз супоридани даъват ба ӯ огоҳ аст, барои баррасии норозигӣ монеа намегардад. Агар шахси манфиатдор дар хусуси ба дигар вақт гузаронидани баррасӣ норозигӣ изҳор карда бошад ва ин хоҳишро суд узрнок эътироф намояд, суд баррасии парвандаро ба дигар вақт гузаронида, дар ин бора шахси манфиатдорро огоҳ месозад.
4. Баъди баррасии норозигӣ нисбат ба эътирофи ҳалномаи судҳои давлати хориҷӣ суд таъиноти дахлдор мебарорад.
5. Нусхаи таъинот дар мӯҳлати се рӯзи баровардани он ба шахсе, ки мутобиқи аризаи ӯ ҳалномаи суди давлати хориҷӣ қабул шудааст, намояндаи ӯ, инчунин шахсе, ки нисбат ба эътирофи ҳалнома норозигӣ пешниҳод намудааст, ирсол мегардад. Нисбат ба таъинот бо тартиб ва мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс мумкин аст ба суди болоӣ шикоят пешниҳод гардад.
Моддаи 403. Рад намудани эътирофи ҳалномаи судҳои давлати хориҷӣ
Рад намудани эътирофи ҳалномаи судҳои давлати хориҷӣ, ки бояд маҷбурӣ иҷро карда нашавад, ҳангоми мавҷудияти асосҳои пешбининамудаи сархатҳои якум-панҷуми қисми 1 моддаи 401 ҳамин Кодекс иҷозат дода мешавад.
Моддаи 404. Эътирофи ҳалномаи судҳои давлатҳои хориҷӣ, ки мурофиаи минбаъдаро тақозо намекунанд
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалномаҳои зерини судҳои давлатҳои хориҷӣ, ки мутобиқи мӯҳтавои худ мурофиаи минбаъдаро тақозо намекунанд, эътироф шудаанд:
- вобаста ба вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони давлате, ки суди он ҳалнома баровардааст;
- оид ба бекор кардан ё беэътибор эътироф намудани ақди никоҳ байни шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрванди хориҷӣ, агар дар лаҳзаи баррасии парванда ҳатто яке аз ҳамсарон берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат дошта бошад;
- дар бораи бекор кардан ё беэътибор донистани ақди никоҳ байни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар ҳарду ҳамсар дар лаҳзаи баррасии парванда берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат дошта бошанд;
- дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун.
Моддаи 405. Эътироф ва иҷрои ҳалномаҳои судҳои ҳакамии давлатҳои хориҷӣ (арбитражҳо)
1. Қоидаҳои моддаҳои 400-402 ҳамин Кодекс, ба истиснои қисми 2 моддаи 400, сархатҳои якум - чорум ва шашуми қисми 1 моддаи 401 ҳамин Кодекс метавонанд инчунин нисбат ба ҳалномаҳои судҳои ҳакамии давлатҳои хориҷӣ (арбитражҳо) татбиқ гарданд.
2. Тарафе, ки оид ба эътироф ё иҷрои ҳалномаи суди ҳакамии давлатҳои хориҷӣ (арбитраж) бо дархост муроҷиат кардааст, бояд асли ҳалномаи суди ҳакамии давлатҳои хориҷӣ (арбитраж) ё нусхаи ба таври дахлдор тасдиқгардида, асли ҳалномаи арбитражӣ ё нусхаи тасдиқгардидаи он, инчунин асли созишномаи арбитражӣ ё нусхаи ба таври дахлдор тасдиқгардидаи онро пешниҳод намояд. Агар ҳалнома ё созишномаи арбитражӣ ба забони хориҷӣ таҳия шуда бошад, тараф бояд тарҷумаи тасдиқгардидаи ин ҳуҷҷатҳоро ба забони давлатӣ пешниҳод кунад.
Моддаи 406. Рад намудани эътироф ва иҷрои ҳалномаи судҳои ҳакамии давлати хориҷӣ (арбитражҳо)
1. Эътироф ё иҷрои ҳалномаи суди ҳакамии давлати хориҷиро (арбитражро) дар ҳолатҳои зайл рад намудан мумкин аст:
а) дар асоси хоҳиши тарафе, ки ҳалнома муқобили он нигаронида шудааст, агар ин тараф ба суди салоҳиятдор, ки эътироф ё иҷрои онро ҳал мекунад, далелҳоеро пешниҳод кунад, ки инҳоро тасдиқ менамояд:
- яке аз тарафҳои созишномаи арбитражӣ то андозае ғайри қобили амал буд ё ин созишнома вобаста ба қонуне, ки тарафҳо истифода намуданд, беэътибор мебошад ва ҳангоми мавҷуд набудани чунин далел мутобиқи қонуни давлате, ки дар он ҳалнома қабул карда шудааст;
- тарафе, ки муқобили он ҳалнома қабул шудааст, ба таври дахлдор оид ба таъин гардидани ҳакам (арбитр) ё дар хусуси муҳокимаи ҳакамӣ (арбитражӣ) огоҳ карда нашудааст ё бо дигар сабабҳо натавонистааст далелҳоро пешниҳод кунад ё ҳалнома вобаста ба баҳсе бароварда шудааст, ки дар созишномаи ҳакамӣ (арбитражӣ) пешбинӣ нагардидааст ё таҳти шартҳои он қарор надорад ё муқаррарот оид ба масъалаҳоеро дар бар мегирад, ки аз доираи созишномаи ҳакамӣ (арбитражӣ) берун аст. Агар муқаррарот оид ба масъалаҳои фарогирифтаи созишномаи ҳакамӣ (арбитражӣ)-ро аз муқаррарот оид ба масъалаҳои фаронагирифтаи чунин созишнома ҷудо кардан имконпазир бошад, қисми ҳалнома, ки муқаррарот оид ба масъалаҳои фарогирифтаи созишномаи ҳакамӣ (арбитражӣ)-ро дар бар мегирад, метавонад эътироф ва иҷро карда шавад;
- ҳайати суди ҳакамӣ ва муҳокимаи ҳакамӣ (арбитражӣ) ба созишномаи ҳакамӣ (арбитражӣ) мутобиқат намекунад ё мавҷуд набудани он ба қонуни кишваре, ки дар он суди ҳакамии давлати хориҷӣ (арбитраж) қарор дошт, мувофиқ намебошад;
- ҳалнома ҳанӯз барои тарафҳо ҳатмӣ нагардидааст ё бекор карда шудааст ё иҷрои онро суде, ки тибқи қонуни он ҳалнома қабул гардидааст, боздошта бошад;
б) агар суд муқаррар намояд, ки баҳс наметавонад мутобиқи қонун мавзӯи муҳокимаи ҳакамӣ (арбитражӣ) бошад ё эътироф ва иҷрои ин ҳалномаи суди ҳакамии давлати хориҷӣ (арбитраж) хилофи тартиби оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад.
2. Ҳангоми ба суд пешниҳод шудани дархост ҷиҳати бекор кардан ё боздоштани иҷрои ҳалномаи судҳои ҳакамии давлати хориҷӣ (арбитраж), суде, ки аз он чунин эътироф ва иҷроро талаб менамоянд, агар зарур шуморад, метавонад қабули ҳалномаро мавқуф гузорад.
ФАСЛИ VI БАРРАСИИ ПАРВАНДАҲО ОИД БА ДОДАНИ ВАРАҚАИ ИҶРО ДАР БОРАИ ИҶРОИ МАҶБУРИИ ҲАЛНОМАИ СУДҲОИ ҲАКАМӢ
БОБИ 45. БАРРАСИИ ПАРВАНДАҲО ОИД БА ДОДАНИ ВАРАҚАИ ИҶРО ДАР БОРАИ ИҶРОИ МАҶБУРИИ ҲАЛНОМАИ СУДҲОИ ҲАКАМӢ
Моддаи 407. Додани варақаи иҷро дар бораи иҷрои маҷбурии ҳалномаи судҳои ҳакамӣ
1. Суд масъалаи додани варақаи иҷроро барои иҷрои маҷбурии ҳалномаи суди ҳакамӣ мутобиқи аризаи тарафи муҳокимаи ҳакамӣ, ки ба манфиати ӯ ҳалномаи суди ҳакамӣ бароварда шудааст, баррасӣ менамояд.
2. Ариза дар бораи додани варақаи иҷро барои иҷрои маҷбурии ҳалномаи суди ҳакамӣ ба суди шаҳр ё ноҳияи маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии қарздор ё агар маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии он маълум набошад, ба маҳалли ҷойгиршавии молу мулки қарздор - тарафи муҳокимаи суди ҳакамӣ пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 408. Шакл ва мӯҳтавои ариза дар бораи додани варақаи иҷро барои иҷрои маҷбурии ҳалномаи судҳои ҳакамӣ
1. Ариза дар бораи додани варақаи иҷро барои иҷрои маҷбурии ҳалномаи суди ҳакамӣ дар шакли хаттӣ пешниҳод гардида, бояд аз ҷониби шахсе, ки ба манфиати ӯ ҳалнома бароварда шудааст ё намояндаи ӯ имзо карда шавад.
2. Дар ариза ҷиҳати додани варақаи иҷро барои иҷрои маҷбурии ҳалномаи суди ҳакамӣ бояд маълумотҳои зерин зикр гардад:
- номи суде, ки ба он ариза пешниҳод мегарданд;
- насаб, ном, номи падар ва ҳайати суди ҳакамӣ, ки ҳалнома қабул кардааст (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- насаб, ном ва номи падари тарафҳои муҳокимаи судӣ, маҳалли истиқомат ё ҷойгиршавии онҳо (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- сана ва маҳалли қабули ҳалномаи суди ҳакамӣ;
- санаи гирифтани ҳалномаи суди ҳакамӣ аз ҷониби тарафе, ки бо ариза муроҷиат кардааст;
- талаботи аризадиҳанда ҷиҳати додани варақаи иҷро барои иҷрои маҷбурии ҳалномаи суди ҳакамӣ.
3. Дар ариза инчунин рақами телефон, факс, суроғаи почтаи электронӣ ё дигар маълумотро зикр кардан мумкин аст.
4. Ба ариза ҷиҳати додани варақаи иҷро барои иҷрои маҷбурии ҳалномаи суди ҳакамӣ ҳуҷҷатҳои зерин замима мегарданд:
- асли ҳалномаи суди ҳакамӣ ё нусхаи ба таври дахлдор тасдиқшудаи он;
- асли созишномаи ҳакамӣ ё нусхаи ба таври дахлдор тасдиқгардидаи он;
- нусхаи ариза ҷиҳати додани варақаи иҷро барои иҷрои маҷбурии ҳалномаи суди ҳакамӣ;
- ваколатнома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ваколати шахс барои имзои ариза.
5. Ариза ҷиҳати додани варақаи иҷро барои иҷрои маҷбурии ҳалномаи суди ҳакамӣ, ки бо вайрон кардани талаботи пешбининамудаи ҳамин модда ва моддаи 407 ҳамин Кодекс пешниҳод гардидааст, баррасӣ намегардад ва ба шахси пешниҳоднамуда тибқи қоидаҳои пешбининамудаи моддаҳои 137 ва 138 ҳамин Кодекс баргаронида мешавад.
Моддаи 409. Тартиби баррасии ариза ҷиҳати додани варақаи иҷро барои иҷрои маҷбурии ҳалномаи судҳои ҳакамӣ
1. Судя аризаро ҷиҳати додани варақаи иҷро барои иҷрои маҷбурии ҳалномаи судҳои ҳакамӣ дар мӯҳлати на бештар аз як моҳи воридшавӣ ба суд мутобиқи қоидаҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс баррасӣ менамояд.
2. Ҳангоми омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ судя аз суди ҳакамӣ маводи парвандаро, ки мутобиқи он варақаи иҷро талаб карда мешавад, тибқи қоидаҳои барои талаб карда гирифтани далелҳо муқарраркардаи ҳамин Кодекс талаб менамояд.
3. Суд тарафҳои муҳокимаи судии ҳакамиро оид ба вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ огоҳ менамояд. Ба суд ҳозир нашудани шахсони зикргардида, ки ба таври дахлдор оид ба вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ огоҳонида шудаанд, барои баррасии парванда монеа намегардад.
4. Суд ҳангоми баррасии парванда дар маҷлиси судӣ мавҷуд будан ё мавҷуд набудани асосҳои пешбининамудаи моддаи 410 ҳамин Кодексро оид ба рад намудани додани варақаи иҷро ҷиҳати иҷрои маҷбурии ҳалномаи суди ҳакамӣ бо роҳи таҳқиқи далелҳои асосноккунандаи талабот ва норозигии пешниҳодшуда муайян менамояд.
Моддаи 410. Асосҳо барои рад намудани додани варақаи иҷро дар бораи иҷрои маҷбурии ҳалномаи судҳои ҳакамӣ
1. Суд додани варақаи иҷроро барои иҷрои маҷбурии ҳалномаҳои судҳои ҳакамӣ танҳо дар ҳолатҳое рад мекунад, ки агар тарафи муҳокимаи судӣ, ки муқобили он суди ҳакамӣ ҳалнома баровардааст, далелҳоеро пешниҳод кунад, ки мутобиқи онҳо:
- созишномаи ҳакамӣ тибқи асосҳои пешбининамудаи қонун эътибор надошта бошад;
- тараф ба таври дахлдор дар бораи интихоби судяҳои судҳои ҳакамӣ ё дар бораи муҳокимаи ҳакамӣ, аз ҷумла оид ба вақт ва маҳалли маҷлиси суди ҳакамӣ огоҳ нагардида бошад ё бо сабабҳои мухталифи узрнок натавониста бошад, ба суди ҳакамӣ баёноти худро пешниҳод кунад;
- ҳалномаи суди ҳакамӣ вобаста ба баҳсе қабул гардида бошад, ки дар созишномаи ҳакамӣ пешбинӣ нашудааст ё мавриди шартҳои он қарор надорад ё муқарраротеро оид ба масъалаҳое дар бар мегирад, ки аз доираи созишномаи ҳакамӣ берун аст. Агар муқаррарот оид ба масъалаҳои фарогирифтаи созишномаи ҳакамиро аз муқаррарот оид ба масъалаҳои фаронагирифтаи чунин созишнома ҷудо кардан имконпазир бошад, қисми ҳалномае, ки муқаррарот оид ба масъалаҳои фарогирифтаи созишномаи ҳакамиро дар бар мегирад, метавонад эътироф ва иҷро карда шавад;
- ҳайати суди ҳакамӣ ё тартиби муҳокимаи ҳакамӣ ба созишномаи ҳакамии тарафҳо ё қонун мутобиқат надошта бошад;
- ҳалномаи суди ҳакамӣ ҳанӯз барои тарафҳои муҳокимаи ҳакамӣ ҳатмӣ нагардида бошад ё аз ҷониби суд мутобиқи қонуне, ки дар асоси он ҳалномаи суди ҳакамӣ қабул гардида буд, бекор карда шуда бошад.
2. Суд ҳамчунин додани варақаи иҷроро оид ба иҷрои маҷбурии ҳалномаи суди ҳакамӣ рад мекунад, агар муқаррар намояд, ки:
- баҳси баррасинамудаи суди ҳакамӣ наметавонад мутобиқи қонун мавзӯи муҳокимаи ҳакамӣ бошад;
- ҳалномаи суди ҳакамӣ хилофи қонун бошад.
Моддаи 411. Таъинот дар бораи додани варақаи иҷро ҷиҳати иҷрои маҷбурии ҳалномаи судҳои ҳакамӣ
1. Вобаста ба натиҷаҳои баррасии ариза ҷиҳати додани варақаи иҷро барои иҷрои маҷбурии ҳалномаи суди ҳакамӣ суд дар хусуси додани варақаи иҷро ё рад намудани додани варақаи иҷро барои иҷрои маҷбурии ҳалномаи суди ҳакамӣ таъинот мебарорад.
2. Дар таъинот дар бораи додани варақаи иҷро ҷиҳати иҷрои маҷбурии ҳалномаи суди ҳакамӣ бояд маълумотҳои зерин зикр гарданд:
- насаб, ном, номи падар ва ҳайати суди ҳакамӣ, ки ҳалнома қабул кардааст (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871);
- маълумот оид ба ҳалномаи суди ҳакамӣ, ки дар бораи додани варақаи иҷро ҷиҳати иҷрои маҷбурии он аризадиҳанда дархост намудаст;
- ишора дар мавриди додани варақаи иҷро ҷиҳати иҷрои маҷбурии ҳалномаи суди ҳакамӣ ё рад намудани додани варақаи иҷро.
ФАСЛИ VII БАРРАСИИ ПАРВАНДАҲО ОИД БА ИҶРОИ САНАДҲОИ СУДӢ ВА САНАДҲОИ МАҚОМОТИ ДИГАР
БОБИ 46. БАРРАСИИ ПАРВАНДАҲО ОИД БА ИҶРОИ САНАДҲОИ СУДӢ ВА САНАДҲОИ МАҚОМОТИ ДИГАР
Моддаи 412. Аз ҷониби суд додани ҳуҷҷатҳои иҷро
1. Иҷрои ҳалнома, таъинот, қарори суд ё судя аз додани ҳуҷҷати дахлдори иҷро оғоз мешавад.
2. Суд ба ситонанда варақаи иҷроро баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома, таъинот ё қарор месупорад, ба истиснои ҳолатҳои иҷрои фаврӣ, ки ҳангоми он варақаи иҷро баъди баровардани санади судӣ фавран дода мешавад. Варақаи иҷро ба ситонанда супурда мешавад ё мутобиқи хоҳиши ӯ аз ҷониби суд барои иҷро бевосита ирсол мегардад.
3. Супоридани фармон барои иҷро мутобиқи қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 133 ҳамин Кодекс сурат мегирад.
Моддаи 413. Дар асоси як ҳалнома додани якчанд варақаҳои иҷро
1. Вобаста ба ҳар як ҳалнома як варақаи иҷро дода мешавад, аммо агар ҳалнома ба манфиати якчанд даъвогар ё бар зидди якчанд ҷавобгар бароварда шуда бошад, суд бояд мутобиқи хоҳиши ситонандагон бо зикри дақиқи маҳалли иҷро ё он қисми ҳалномае, ки мутобиқи ҳамин варақаи иҷро бояд иҷро гардад, якчанд варақаи иҷро диҳад.
2. Дар асоси ҳалнома ё ҳукми суд оид ба ситонидани маблағҳои пулӣ аз ҷавобгарони муштарак мувофиқи хоҳиши ситонанда вобаста ба теъдоди ҷавобгарони муштарак бояд якчанд варақаи иҷро дода шавад. Дар ҳар як варақаи иҷро бояд маблағи умумии ситонандашаванда зикр гардида, ҳамаи ҷавобгарон бо нишон додани ҷавобгарии муштараки онҳо номбар карда шаванд.
Моддаи 414. Аз ҷониби суд додани дубликати варақаи иҷро ё фармон
Ҳангоми гум кардани асли варақаи иҷро, фармон суд ё судяе, ки ҳалнома ё фармонро баровардааст, метавонад дубликати ин ҳуҷҷатҳои иҷроро диҳад. Ариза дар хусуси додани дубликат дар маҷлиси судӣ баррасӣ мегардад. Шахсони иштирокчии парванда оид ба вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ огоҳ карда мешаванд, аммо ҳозир нашудани онҳо барои ҳалли масъалаи додани дубликат монеа намегардад. Нисбат ба таъинот оид ба масъалаи додани дубликат метавонад шикояти хусусӣ пешниҳод гардад.
Моддаи 415. Ҷавобгарӣ барои гум кардани ҳуҷҷатҳои иҷро
Шахси мансабдор, ки барои гум кардани ҳуҷҷатҳои иҷрои додашуда гунаҳкор аст, метавонад аз ҷониби суд ба андозаи то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷаримабандӣ карда шавад. Нисбат ба таъинот оид ба ҷаримабандӣ шахси мансабдор метавонад ба суд дар мӯҳлати даҳ рӯз шикоят пешниҳод намояд.
Моддаи 416. Канда шудани мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои иҷро барои иҷро
Мӯҳлати даъво ҷиҳати пешниҳоди варақаи иҷро барои иҷро аз лаҳзаи пешниҳод ҷиҳати иҷро ва агар қонунгузорӣ тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад, инчунин ҳангоми аз ҷониби қарздор қисман иҷро намудани санади суд канда мешавад.
Моддаи 417. Барқарорсозии мӯҳлати гузаронидашуда ҷиҳати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои иҷро барои иҷро
1. Барои ситонандагоне, ки мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷати иҷроро барои иҷро бо сабабҳои аз ҷониби суд узрнок эътирофгардида гузаронидаанд, агар дар қонун тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, мӯҳлати гузаронидашуда метавонад барқарор карда шавад.
2. Ариза ҷиҳати барқарорсозии мӯҳлати гузаронидашуда ба суде, ки ҳуҷҷати иҷро додааст ё ба суди маҳалли иҷро пешниҳод карда мешавад. Ариза мутобиқи тартиби пешбининамудаи моддаи 114 ҳамин Кодекс баррасӣ мегардад. Нисбат ба таъинот дар бораи барқарорсозии мӯҳлат метавонад шикояти хусусӣ пешниҳод гардад.
Моддаи 418. Тавзеҳи санади судӣ, ки бояд иҷро карда шавад
Ҳангоми носаҳеҳ будани санади судӣ, ки бояд иҷро карда шавад, иҷрочии мақомоти иҷро ҳуқуқ дорад ба суде, ки онро баровардааст, ҷиҳати тавзеҳи санади судие, ки дар асоси он ҳуҷҷати иҷро дода шудааст, бо пешниҳод муроҷиат кунад. Санади судӣ мутобиқи қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 206 ҳамин Кодекс тавзеҳ дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871, аз 20.06.2019 № 1612).
Моддаи 419. Батаъхиргузорӣ, дароз намудан ё ба давраҳо ҷудо намудани мӯҳлати иҷрои санади суд, тағйир додани тарз ва тартиби иҷрои он, индексатсияи маблағҳои ба дигар шахс мансубдониста
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871)
Ҳангоми мавҷудияти ҳолатҳое, ки иҷрои санади суд ё санадҳои дигар мақомотро мушкил мегардонад, иҷрочии мақомоти иҷро ҳуқуқ дорад дар назди суде, ки парвандаро баррасӣ намудааст ё суди маҳалли иҷрои санади суд дар хусуси ба таъхир гузоштан, дароз намудан ё ба давраҳо ҷудо намудани мӯҳлати иҷро, дар бораи тағйир додани тарз ва тартиби иҷро, инчунин индексатсияи маблағҳои ба дигар шахс мансубдониста масъала гузорад. Чунин пешниҳоди иҷрочии мақомоти иҷро бо тартиби муқаррарнамудаи моддаҳои 207, 212 ҳамин Кодекс баррасӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871, аз 20.06.2019 № 1612).
Моддаи 420. Мавқуф гузоштани амали иҷро
Суд метавонад мутобиқи аризаи ситонанда ё қарздор ё дар асоси таъинот амали иҷроро мавқуф гузорад. Нисбат ба таъинот оид ба мавқуф гузоштани амали иҷро ба суди дахлдор дар мӯҳлати даҳ рӯз мумкин аст шикоят пешниҳод карда шавад.
Моддаи 421. Ӯҳдадории судя ҷиҳати боздоштани ҷараёни иҷро
Судя ӯҳдадор аст истеҳсолоти иҷроро дар ҳолатҳои зерин боздорад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871):
- фавти қарздор, вафоткарда эълон кардан ё бедарак ғоибшуда эътироф намудани он, агар муносибатҳои ҳуқуқии муқаррарнамудаи суд ворисии ҳуқуқиро иҷозат диҳад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2022);
- қобилияти амалкуниро аз даст додани қарздор;
- иштироки қарздор дар амалиёти ҷангӣ дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтаанд ё бо хоҳиши ситонанда, ки таҳти ҳамин шароит қарор дорад;
- пешниҳоди даъво дар бораи аз ҳабс озод кардани (аз рӯйхат баровардани) молу мулке, ки мутобиқи ҳуҷҷати иҷро аз он ситонидан сурат мегирад;
- аз ҷониби қарздор бо тартиби судӣ мавриди баҳс қарор додани ҳуҷҷати иҷро, агар чунин баҳсро қонун иҷозат дода бошад;
- пешниҳоди шикоят ба суд нисбат ба амали мақомоте (шахси мансабдоре), ки ваколатдор аст парвандаҳоро оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ намояд.
Моддаи 422. Ҳуқуқи судя ҷиҳати боздоштани ҷараёни иҷро
Судя метавонад истеҳсолоти иҷроро дар ҳолатҳои зайл боздорад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871):
- азнавташкилшавии ташкилот, ки қарздор мебошад;
- хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1855);
- дар сафари тӯлонии хизматӣ қарор доштани қарздор;
- дар муассисаи статсионарӣ таҳти муолиҷа қарор доштани қарздор;
- кофтукови қарздор, молу мулки ӯ ё кофтукови кӯдаке, ки аз ӯ гирифта шудааст;
- хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1855);
- пешниҳоди шикоят нисбат ба амали иҷрочии мақомоти иҷро ё дар бораи аз ҷониби ӯ рад кардани амали иҷро, инчунин нисбат ба рад кардани рад намудани иҷрочии мақомоти иҷро (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1612).
Моддаи 423. Боздоштан ва аз нав оғоз кардани истеҳсолоти иҷро
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871)
1. Истеҳсолоти иҷро дар ҳолатҳои зайл боздошта мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871) :
- дар ҳолатҳои пешбининамудаи сархатҳои якум ва дуюми моддаи 421, сархати якуми моддаи 422 ҳамин Кодекс то муайян намудани вориси ҳуқуқии қарздор, аз ҷониби суд додани молу мулки шахси бедарак ғоибшуда ба идоракунандае, ки мақомоти васоят ва парасторӣ таъин намудааст ё ба қарздори ғайри қобили амал таъин намудани васӣ ё ба охир расонидани азнавташкилдиҳии ташкилот (Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2022);
- дар ҳолатҳои пешбининамудаи сархати сеюми моддаи 421, сархатҳои дуюм, сеюм ва чоруми моддаи 422 ҳамин Кодекс - то баргаштан аз сафари хизматӣ, баромадан аз муассисаи муолиҷавӣ ё ба охир расидани кофтукови қарздор ё молу мулки ӯ ё ба охир расидани кофтукови кӯдаки аз ӯ гирифташуда (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1474,  аз 18.03.2022 № 1855);
- дар ҳолатҳои пешбининамудаи сархатҳои чорум, панҷум ва шашуми моддаи 421, сархати панҷуми моддаи 422 ҳамин Кодекс - то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома ё таъинот дар хусуси рад намудани қонеъгардонии даъво ё шикоят (Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1855).
- хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1855).
2. Истеҳсолоти иҷро мутобиқи аризаи ситонанда ё бо ташаббуси суд ё иҷрочии мақомоти иҷро баъди бартараф намудани ҳолатҳое, ки боиси боздоштани он гардидаанд, аз нав оғоз карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871, аз 20.06.2019 № 1612).
3. хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1855).
Моддаи 424. Қатъ намудани ҷараёни иҷро
1. Истеҳсолоти иҷро дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад, агар (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871):
- ситонанда аз ситонидан ё аз қабули асбобу анҷоме, ки ҳангоми иҷрои ҳалнома аз қарздор ҷиҳати супоридани он ба ситонанда гирифта шудааст, даст кашида бошад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1855);
- ситонанда ва қарздор созиши оштӣ баста бошанд ва онро суд тасдиқ карда бошад;
- баъди фавти шахси воқеӣ, ки ситонанда ё қарздор аст ё вафоткарда эълон кардан ё бедарак ғоибшуда эътироф намудани ӯ талабот ё ӯҳдадориҳои муқаррарнамудаи санади суд наметавонад ба вориси ҳуқуқии шахси вафоткарда эълонкарда ё бедарак ғоибшуда эътирофгардида ё ба идоракунандаи молу мулки шахси бедарак ғоибшуда гузарад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2022);
- молу мулки ташкилоти барҳамхӯрда барои қонеъгардонии талаботи ситонанда нокифоя бошад;
- барои чунин навъи ситонидан мӯҳлати даъвои муқаррарнамудаи қонун гузашта бошад;
- ҳалнома, ки дар асоси он ҳуҷҷати иҷро дода шудааст, бекор карда шуда бошад.
2. Ҳангоми аз ситонидан даст кашидани ситонанда ва бастани созиши оштӣ байни ситонанда ва қарздор қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 176 ҳамин Кодекс татбиқ мегардад.
3. Ҳангоми мавҷудияти асосҳо барои қатъи иҷро иҷрочии мақомоти иҷро варақаи иҷроро бо сабти дахлдор ба ҳамин суд ё дигар мақомоте, ки ин ҳуҷҷатро додааст, ирсол менамояд (месупорад). Ҳамаи тадбирҳои андешидаи иҷрочии мақомоти иҷро оид ба иҷро бекор карда мешавад. Истеҳсолоти иҷрои қатъгардида наметавонад аз нав оғоз карда шавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871, аз 20.06.2019 № 1612).
Моддаи 425. Баррасии масъалаҳо дар бораи боздоштан ё қатъ кардани ҷараёни иҷро
1. Масъалаҳо дар бораи боздоштан ё қатъ кардани истеҳсолоти иҷроро суде баррасӣ менамояд, ки дар ҳудуди фаъолияти он иҷрочии мақомоти иҷро амал мекунад. Дар ин хусус ситонанда, қарздор, иҷрочии мақомоти иҷро огоҳ карда мешаванд, аммо ҳозир нашудани онҳо барои ҳалли масъалаҳои зикргардида монеа намегардад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871, аз 20.06.2019 № 1612)
2. Оид ба натиҷаи баррасӣ суд таъинот мебарорад ва он ба ситонанда, қарздор ва иҷрочии мақомоти иҷро, ки ҳуҷҷати иҷро мавриди иҷрои ӯ қарор дорад, ирсол мегардад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1612).
3. Нисбат ба таъинот дар хусуси боздоштан ё қатъ кардани истеҳсолоти иҷро метавонад шикояти хусусӣ пешниҳод гардад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871).
Моддаи 426. Ҷавобгарии бонк ё дигар ташкилоти кредитӣ барои иҷро накардани санадҳои судӣ
Суд ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷати иҷро барои иҷро накардани санади судӣ оид ба ситонидани маблағҳои пулии қарздор аз ҷониби бонк ё дигар ташкилоти кредитии хизматрасонӣ ҳисобномаҳои қарздор, агар дар ҳисобномаи қарздор маблағи пулӣ мавҷуд бошад, бо пешниҳоди иҷрочии мақомоти иҷро ё аризаи ситонанда инчунин бонк ё дигар муассисаи кредитиро дар ҳаҷми панҷоҳ фоиз аз маблағе, ки бояд ситонида шавад, ҷарима мебандад. Ҷаримабандӣ бонк ё дигар муассисаи кредитиро аз ӯҳдадории иҷрои санади суд озод намекунад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1612).
Моддаи 427. Шикоят нисбат ба қарор, амали (беамалии) иҷрочии мақомоти иҷро 
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871, аз 20.06.2019 № 1612)
Ситонанда ё қарздор метавонад нисбат ба қарор, амали (беамалии) иҷрочии мақомоти иҷро оид ба иҷрои санадҳои суд, санадҳои мақомоти дигар ё рад кардани иҷрои чунин амалҳо шикоят пешниҳод намояд. Шикоят ба суде, ки дар ҳудуди фаъолияти он иҷрочии мақомоти иҷро ӯҳдадориҳои худро анҷом медиҳад, дар мӯҳлати даҳ рӯз аз рӯзи қабули қарор, амали (беамалии) иҷрочии суд, рад кардани иҷрои чунин амалҳо ё аз рӯзе, ки ситонанда ё қарздор аз қабули қарор, амал (беамалӣ) ё рад кардани иҷрои чунин амалҳо аз тарафи иҷрочии мақомоти иҷро огоҳӣ ёфтаанд, пешниҳод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871, аз 20.06.2019 № 1612)
Моддаи 427(1). Мӯҳлат ва тартиби баррасии шикоят нисбат ба қарор, амали (беамалии) иҷрочии маҷомоти иҷро 
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871, аз 20.06.2019 № 1612)
Суд шикоятро нисбат ба қарор, амали (беамалии) иҷрочии мақомоти иҷро дар мӯҳлати даҳ рӯз бо иштироки ситонанда, қарздор ва иҷрочии мақомоти иҷро баррасӣ мекунад. Ба маҷлиси судӣ ҳозир нашудани шахсони зикргардида, ки ба таври дахлдор оид ба вақт ва маҳалли гузаронидани маҷлиси судӣ огоҳ гардидаанд, барои баррасии шикоят монеа шуда наметавонад. Доир ба натиҷаи баррасии шикоят ҳалнома қабул карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 871).
Моддаи 428. Ҳифзи ҳуқуқи шахсони дигар ҳангоми иҷрои санади судӣ
1. Агар иҷрочии мақомоти иҷро ҳангоми ба ҳабс гирифтани молу мулк қонунро, ки барои бекор кардани баҳабсгирӣ асос шуда бошад, вайрон кунад, сарфи назар аз мансубияти молу мулк ба қарздор ё дигар шахсон суд аризаи қарздорро дар хусуси бекор кардани баҳабсгирӣ бо тартиби муқаррарнамудаи моддаҳои 427 ва 427(1) ҳамин Кодекс баррасӣ менамояд. Чунин ариза метавонад то фурӯши молу мулки ба ҳабс гирифташуда пешниҳод гардад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1855).
2. Баҳсҳои изҳорнамудаи шахсоне, ки дар баррасии парванда вобаста ба мансубияти молу мулке, ки аз он ситонидан анҷом дода мешавад, иштирок накардаанд, суд мутобиқи қоидаҳои мурофиаи даъво баррасӣ менамояд.
3. Даъво ҷиҳати аз ҳабс озод кардани молу мулк ба қарздор ва ситонанда пешниҳод карда мешавад. Агар баҳабсгирӣ ё барӯйхатгирии молу мулк вобаста ба мусодираи молу мулк анҷом дода шуда бошад, ба сифати ҷавобгар шахси маҳкумшуда ва мақомоти дахлдори давлатӣ ҷалб карда мешаванд.
4. Агар молу мулки ба ҳабс гирифташуда ё ба рӯйхат дохилгардида пештар фурӯхта шуда бошад, даъво инчунин нисбат ба шахсоне пешниҳод мегардад, ки ба онҳо молу мулк супорида шудааст. Дар сурати қонеъгардонии даъво ҷиҳати баргардондани молу мулки фурӯхташуда суд баҳси байни шахси бадастовардаи молу мулк, ситонанда ва қарздорро бо тартиби мурофиаи даъво баррасӣ менамояд.
5. Суд, сарфи назар аз аризаи шахсони манфиатдор, агар ҳолатҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардидаро муайян созад, вазифадор аст баҳабсгирии молу мулкро дар маҷмӯъ бекор кунад ё қисми молу мулкро аз рӯйхат хориҷ намояд.
Моддаи 429. Баргардонидани иҷрои ҳалнома
Ҳангоми бекор кардани ҳалномаи иҷрогардида ва баъди баррасии нави парванда баровардани ҳалнома барои пурра ё қисман рад намудани даъво ё таъинот оид ба қатъи мурофиаи парванда ё баррасӣ накардани даъво ба ҷавобгар бояд ҳама молу мулке, ки аз ӯ мутобиқи санади бекоргардидаи суд ба фоидаи даъвогар ситонида шуда буд, баргардонида шавад (баргардонидани иҷрои ҳалнома).
Моддаи 430. Ҳалли масъалаҳо дар бораи баргардонидани иҷрои ҳалнома аз ҷониби суди марҳилаи якум
1. Суде, ки ба он парванда барои баррасии нав супорида шудааст, ӯҳдадор аст бо ташаббуси худ масъалаи баргардонидани иҷрои ҳалномаро баррасӣ намуда, онро дар ҳалнома ё таъиноти наве, ки бо он баррасии парванда қатъ мегардад, ҳал намояд.
2. Агар суди парвандаро аз нав баррасинамуда масъалаи баргардонидани иҷрои ҳалномаи бекоркардаро ҳал накунад, ҷавобгар ҳуқуқ дорад дар доираи мӯҳлати даъво ба ҳамин суд дар хусуси баргардонидани иҷрои ҳалнома ариза диҳад. Ин ариза дар маҷлиси судӣ баррасӣ карда мешавад. Шахсони иштирокчии парванда оид ба вақт ва маҳалли маҷлис огоҳ карда мешаванд, аммо ҳозир нашудани онҳо барои ҳалли масъалаи дар назди суд гузошташуда монеа намегардад.
3. Нисбат ба таъинот дар бораи баргардонидани иҷрои ҳалнома мумкин аст шикояти хусусӣ пешниҳод карда шавад.
Моддаи 431. Ҳалли масъалаҳо дар бораи баргардонидани иҷрои ҳалнома аз ҷониби суди марҳилаи кассатсионӣ ё назоратӣ
1. Суде, ки парвандаро бо тартиби кассатсионӣ ё тартиби назоратӣ баррасӣ менамояд, агар бо ҳалнома, таъинот ё қарори худ баҳсро моҳиятан ҳал кунад ё баррасии парвандаро қатъ намояд ё аризаро баррасӣ накунад, ӯҳдадор аст масъалаи баргардонидани иҷрои ҳалномаро ҳал намояд ё барои ҳал ба суди марҳилаи якум ирсол намояд.
2. Агар дар ҳалнома, таъинот ё қарори суди болоӣ нисбат ба масъалаи баргардонидани иҷрои ҳалнома ягон супориш мавҷуд набошад, ҷавобгар метавонад ба суди марҳилаи якум аризаи дахлдор пешниҳод кунад.
3. Ҳангоми бо тартиби кассатсионӣ бекор кардани ҳалнома оид ба парвандаҳо дар хусуси ситонидани алимент баргардондани иҷрои ҳалнома танҳо ҳангоме иҷозат дода мешавад, ки агар ҳалномаи бекоркардашуда ба маълумоти бардурӯғи даъвогар ё ҳуҷҷатҳои сохтаи пешниҳоднамудаи ӯ асос ёфта бошад.
4. Ҳангоми бо тартиби назоратӣ бекор кардани ҳалнома оид ба парвандаҳо дар бораи ситонидани маблағҳои пулӣ мутобиқи талаботе, ки аз муносибатҳои ҳуқуқии меҳнатӣ бармеоянд, дар бораи ситонидани подош барои истифодаи ҳуқуқи муаллифӣ, ҳуқуқ барои кашф, ихтироъ, модели фоиданок, намунаи саноатӣ, нишонаи мол, дар бораи ситонидани алимент, дар бораи ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи осеб ё ба тарзи дигар ба саломатӣ расонида шудааст ё боиси фавти саробон гардидааст, баргардонидани иҷрои ҳалнома ҳангоме иҷозат дода мешавад, ки агар ҳалномаи бекоргардида ба маълумоти бардурӯғи даъвогар ё ҳуҷҷатҳои сохтаи пешниҳоднамудаи ӯ асос ёфта бошад.
Моддаи 432. Молу мулки шаҳрвандон, ки тибқи ҳуҷҷатҳои иҷро онҳоро ситонидан мумкин нест
Аз молу мулк ва асбобу анҷоми зерине, ки тибқи ҳуқуқи моликияти шахсӣ ё ҳисса дар моликияти умумӣ ба қарздор мансубанд ва барои қарздор ва шахсони таҳти парасториаш қарордошта заруранд, дар асоси ҳуҷҷатҳои иҷро наметавонад ситонидан анҷом дода шавад:
- бинои истиқоматӣ бо иморатҳои хоҷагидорӣ ё қисми алоҳидаи он, агар қарздор ва оилаи ӯ дар он ҷо муқимӣ зиндагӣ кунанд, инчунин қитъаи замине, ки дар он иморатҳо ҷойгиранд, ба истиснои ҳолате, ки қарзи барои сохтани хона додаи бонк ситонида мешавад ё хона ба гарав гузошта шудааст;
- хонаи истиқоматии хусусигардонидашуда ё як қисми он дар доираи меъёри ҳадди ақалли майдони истиқомат, ки барои ҳамин маҳал муқаррар гардидааст, агар қарздор ва оилаи ӯ дар он ҷо муқимӣ зиндагӣ кунанд, ба истиснои ҳолате, ки агар қарзи барои сохтани хонаи истиқоматӣ додаи бонк ситонида мешавад ё хонаи истиқоматӣ ба гарав гузошта шуда бошад;
- қитъаи замин ё як қисми он, ки ба хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) мансуб мебошад, инчунин қитъаи замини барои пешбурди хоҷагии наздиҳавлигӣ зарурӣ, дар ҳаҷми ҳадди ақалле, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба замин пешбинӣ намудааст;
- аз шахсоне, ки шуғли асосиашон кишоварзӣ (фермерӣ) мебошадиморатҳои ёрирасон ва ҳайвоноти хонагӣ ба миқдоре, ки барои қонеъгардонии эҳтиёҷоти ҳадди ақалли оилаи онҳо заруранд;
- хӯрока барои чорво, ки то ҷамъоварии хӯрокаи нав ё то давраи ба чарогоҳ баровардани чорво зарур аст;
- аз шахсоне, ки шуғли асосиашон кишоварзӣ (фермерӣ) мебошад тухмие, ки барои кишти навбатӣ зарур аст;
- асбобу анҷоми хона, сару либос, ки барои қарздор ва шахсони таҳти парасториаш қарордошта заруранд; асбобу анҷоми барқии маишӣ, ба истиснои ду ва зиёда адад мавҷуд будани онҳо; сару либос, пойафзол, либоси таг, рахти хоб, асбобу анҷоми ошпазхона; сару либоси кӯдакона(Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1855).
- озуқаворӣ ба миқдоре, ки барои қарздор ва аъзои оилаи ӯ то ҳосили нав заруранд, агар шуғли асосии қарздор кишоварзӣ (фермерӣ) бошад ва дар ҳолатҳои дигар - маҳсулоти хӯрокворӣ ва маблағи умумӣ дар ҳаҷми на камтар аз сад ҳадди ақалли музди меҳнат (дар рӯзи нигоҳ доштани маблағ) барои қарздор ва барои шахсони таҳти парасториаш қарордошта;
- сӯзишворие, ки ба оила барои таомпазӣ ва гарм кардани бинои истиқоматӣ дар ҷараёни мавсими гармидиҳӣ зарур аст;
- ашё, асбобу анҷоми аёнӣ, китоб, ки барои идомаи шуғли касбии қарздор заруранд (ба истиснои асбобу анҷоме, ки аз маводи қиматбаҳо таҳия шудаанд, инчунин арзишҳои таърихию бадеӣ дар сурате, ки агар қарздор бо ҳалнома аз ҳуқуқи шуғл ба фаъолияти дахлдор маҳрум карда шуда бошад ва ҳангоме, ки агар асбобу анҷоми зикргардидаро ӯ барои машғулият ба касби ғайриқонунӣ истифода барад;
- воситаи нақлиёте, ки махсус барои ҳаракати маъюбон таъин гардидааст;
- ҷоизаҳо, нишону медал ва дигар нишонҳои фарқкунанда, ки қарздор бо онҳо сарфароз гардидааст.