ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1619 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУНАРМАНДӢ Маҷлиси Олии ҶТ 20.06.2019 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1618 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЧАРОГОҲ Маҷлиси Олии ҶТ 20.06.2019 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1608 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲОЛАТИ ҶАНГӢ Маҷлиси Олии ҶТ 20.06.2019 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ЗАБОН ОМИЛИ АСОСИИ РУШДИ КАМОЛИ МИЛЛАТ

-A A +A
Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна Санаи интишор: Пшб, 30/06/2022 - 14:34
 
«Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд.»
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
 
    Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми бостонии тамаддунсози тоҷик чун неъмати бебаҳои таърихӣ иқдоми эҳёи расму русум, фарҳангу илм ва бо қалами соҳибихтиёрӣ азнавсозии давлатдории худро эҳдо намуд.
   Пушида нест, ки тӯли садсолаҳо баъди пароканда шудани давлати абарқудрати Сомониён ба сари мардуми тоҷик қавму қабилаҳои гуногун ҳокимият кардаанд ва омили аслии ба таназзул рӯ наовардани ҳастии миллати тоҷик маҳз бо шарофати забони фасеҳ, балеғ ва гӯёи он марбут дониста мешавад.
   Ҳангоми назар кардан ба ҷанбаи таърихии ин мавзӯъ бармеояд, ки забони тоҷикӣ дар ҳама даврон дар сабки адабии хаттӣ ва дар мақоми забони расмӣ ташаккул ва таҳаввул намудааст. Баъд аз густариши дини мубини ислом дар манотиқи Хуросону Мовароҳуннаҳр забони тоҷикӣ бар пояи забонҳову лаҳҷаҳои дигари маҳалии ин сарзамин шакл гирифта, дар аҳди Сомониён ба мақоми забони расмии давлатдории тоҷикон расидааст. Дар ин давра осори бузурги илмиву адабӣ, ки имрӯз шуҳрати ҷаҳонӣ доранд, офарида шудааст. Яке аз чунин шоҳкориҳои бузург ва намунаи беҳтарини забони ноби тоҷикӣ «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ маҳсуб меёбад. Асари мазкур таҷассумгари забони шево ва тавонои форсии дарии тоҷикӣ ва сабки сода ва зебои он дар оғози ташаккули ин забон маънӣ мешавад. Ҷовидонии «Шоҳнома» ҳамчунин аз пойдориву ҷовидонии забони моро таҷассум менамояд. Нуктаи муҳими дигар ин мебошад, ки дар ҷаҳони муосир миллату халқият ва ё қавмеро камтар метавон пайдо намуд, ки забони имрӯзаи он бо забони беш аз ҳазору дусадсолааш чунин пайвастагии наздик дошта бошад. Миллати тоҷик забони аҷдодони худро, аз ҷумлаи  Рӯдакӣ ва Фирдавсиро, ки аз он давра то ба кунун дар арсаи шеъру шоирӣ маъруф гардидаанд, мисли забони имрӯзаи хеш метавонад мутолиа ва дарк намоянд.
   Забони тоҷикӣ дар мақоми забони илм низ таҷрибаи тӯлонӣ дошта, бахусус шоҳкориҳои Ибни Сино, Закариёи Розӣ, Берунӣ, Хоразмӣ, Форобӣ, Имом Тирмизӣ, Ҷурҷонӣ ва ҷеҳраҳои дигари илму адаб дар таърихи илмҳои тиб, дорушиносӣ, ҳандаса, ситорашиносӣ, кимиё, табиатшиносӣ, фалсафа ва ғайра миллати ирфонпарвари худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудаанд.
   Бо ба даст овардани Истиқлолят ва ҳангоми ќабули Конститутсияи худ тариқи раъйпурсии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ интихоб гардид. Яъне, пас аз тақрибан ҳазор сол марҳилаи нави эҳё ва рушду пойдорӣ барои миллату забони тоҷик оғоз ёфт.
   Имрӯз оид ба вазъи воқеии мақоми забони модарӣ метавон тазаккур намуд, ки он ҳамчун забони миллӣ дар даврони Истиқлолият дар мақоми забони давлатӣ пазируфта шуд ва ба таври озод дар умури сиёсиву иҷтимоии кишвар мавриди истифода қарор дорад.
  Кунун забони тоҷикӣ ҳамчун забони сиёсату қонунгузорӣ ва муоширату коргузорӣ дар тамоми соҳаҳои мухталифи муносибатҳои омма истифода мегардад. Боиси тазаккур мебошад, ки дастовардҳо дар самти эҳёи забони миллӣ ва ба марҳилаи нави беш аз пеш баландтар ва пӯётар гардидани он маҳз бо дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бевосита алоқаманд мебошад. Бешубҳа метавон гуфт, ки ҳисси меҳанпарварию ватандустӣ ва хирадмандии ин шахсияти таърихӣ на танҳо дар лаҳзаҳои ҳасос ва пуршиддати тақдирсоз, балки дар замони осоиштагӣ дар поягузории устувори ҳастии минбаъдаи халқу миллати худ ва давлату давлатдории тоҷикон нақши калидӣ дорад. Зоҳир намудани аҳамияти хосса ба масоили пойдории забони давлатӣ аз ҷониби сарвари давлат беасос набуда, дар суханронии худ ба муносибати рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 октябри соли 2010 бо нуктаҳои зерин мубрамнокии масъалаи мазкурро ба аҳли кишварамон саҳеҳ намудаанд:
“Таҷрибаи таърихї собит сохтааст, ки ҳар як миллат ва давалати миллӣ бо доштани забони миллии худ устувор ва пойдор мемонад. Дар таърих мардумоне, ки аз худ осор ва тамаддуни бузург ба мерос гузоштанд, кам нестанд. Аммо бештари ин мардумони соҳибтамаддун ва соҳибдавлат имрӯз бо номи қавму миллати хеш дигар вуҷуд надоранд ва бо иллати аз даст додани рӯҳи миллии хеш, яъне забони модарӣ аз саҳифаҳои таърих хориҷ шудаанд.”
  Ба сифати рӯҳи миллӣ тавсиф додан ва бо меҳрубонии хоса парастиш намудани забони давлатӣ бо дарназардошти заҳмату кӯшишҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони модарӣ имрӯз ба як рукни бунёдии давлат мубаддал гардидааст. Ҷиҳати ба сатҳи зарурӣ бардоштани мароми забони давлатӣ тадбирҳои зиёди фаромилӣ андешида шуд, ки аз ҷумлаи тадбирҳои назаррасӣ он:
- 5 октябри соли 2009, №553 қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”;
- дар асоси Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои муқаррароти Қонуни болозикр 30 октябри соли 2009 №11 ба мақомоти марбута дастуру супоришҳои мушаххас дода аз ҷониби Ҳукумат то ба ҳол таҳти назорати доими қарор додани иҷрои супоришҳои мазкур;
- бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009, №604 таъсис додани Кумитаи забон ва истилоҳти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки вазифаи пешбурди сиёсати давлат ва ба танзим даровардани меъёрҳои ҳуқуқиро марбут ба забони давлатӣ амалӣ менамояд;
- бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” аз 21.07.2010, №615, эълон намудани 5 октябр – Рӯзи забони давалатии Ҷумҳурии Тоиҷкистон;
- тибқи банди 23 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқот ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 октябри соли 2010 ба қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи интихоби вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ”, “Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи мақоми прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ”, “Дар бораи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар тағйиротҳо вобаста ба донистани забони давлатӣ ворид карда шуд;
- ҷиҳати амалисозии сиёсати давлатӣ дар бораи забон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия ва қабули Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016 ва айни ҳол бошад Барномаи мазкур боз барои давраи солҳои 2021-2030 қабул ва мавриди амал қарор дорад;
- аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июни соли 2013, аз ҳисоби фонди Президентӣ дар ҳамкорӣ бо олимони забоншинос таҳия ва ба чоп расонидани “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ”.
  Тадбирҳои болозикр ва як қатор тадбирҳои дигари давлату ҳукумат ҷиҳати мустаҳкам гардонидани мақому манзалати забони давлатӣ ва дар сатҳи ҷавобгӯи ниёзҳои ҷомеа нигоҳ доштани он равона гардидаанд. Донистани забони давлатӣ барои тамоми кормандони воҳидҳои давлатӣ чуноне ки дар боло зикр гардид ҳамчун талаботи умумиҳатмӣ ба қонунҳои дахлдор ворид карда шуд.
  Аксари осорҳои адибону донишмандони классик ва мусоир барои дастрасии омма аз нав нашр гардида барои мутолиа ба мардум тақдим гардидаанд. Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба ҳар як оила дар қаламрави мамлакат тақдим гардонида шуд. Иқдоми мазкури сарвари давлат, албатта туҳфаи олиҳиммате буда, баҳри баланд бардоштани маърифатнокӣ ва худшиносии миллии кулли мардум, бахусус ҷавонон равона гардидааст.
  Айни ҳол дар замони рушди пуравҷи илму техника, технологияҳои нав ва қувват гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ, ҳифз намудани ҳуввияти миллӣ тавассути забон зарур мебошад, зеро қудрати нигоҳдории забон яке аз нишонаҳо ва воситаи аслии сарҷамъ намудани миллат ва таъмини якпорчагии давлат ҳисобида мешавад. Аз ин лиҳоз ҷиҳати мукаммал ва балеғ намудани забони давлатӣ дар муҳити муосири илмӣ ва коркарди истилоҳотҳои муосири соҳаҳои мухталифи илм бо дарназардошти хусусиятҳои забони тоҷикӣ яке аз талаботҳои аҳамиятноки замона мебошад.
   Норасоӣ ва мураккабии аксарияти истилоҳоти дар муҳити илми ватанӣ истифодашаванда бо ворид намудани истилоҳотҳои мазкур аз асару адабиётҳои илмии муҳаққиқону олимони хориҷӣ алоқаманд мебошад. Албата, камбудиҳои мазкур бо воқеияти таърихии миллати тоҷик, яъне тӯли ҳазор сол таҳти ҳокимияту истисмори халқу давлатҳои мухталиф қарор доштани он алоқаманд мебошад. Инчунин тавре аз таҷриба бармеояд олимон таҳқиқоту ихтроъҳои худро бо забони модарии худ ном гузошта ҳамин тариқ аз ҳисоби истилоҳи мазкур нуфузи забони худро баланд бардошта дар арсаи байналмилалӣ онро муарифӣ менамоянд.
  Барои рафъи камбудиҳои болозикр кулли олимону аҳли зиёиро зарур мебошад, ки ҳангоми пешбурди таҳқиқотҳои худ барои коркард намудани истилоҳоти илмии аз хориҷ воридшаванда ва бештар намудани истилоҳи илмӣ дар забони тоҷикӣ талошҳои худро равона созанд.
  Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи илмию таҳқиқотї буда барои иҷрои ҳадафи болозикр “Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқӣ” бо зиёда аз 8000 истилоҳоти ҳуқуқӣ ва Истилоҳотҳои соҳаҳои мухталифи ҳуқуқии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳаҷми 4307 истилоҳот ба нашр расонидааст.
   Барои саҳеҳу оммафаҳм ва мутобиқ намудани забони давлатӣ бо талаботҳо ва истилоҳоти дар муҳити илмӣ истифодашаванда олимону зиёиёни ватаниро ва кулли муассисаҳои олии таълимӣ ва муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварро зарур мебошад, ки ба коркарди истилоҳоти нави илмӣ саъю кӯшиши худро равона созанд. Бояд илм, адабиёт ва фалсафаи тоҷик чуночи дар гузашта буд, боз ҳам пешсаф бошанд.
   Ҳамин тариқ бояд тазаккур намуд, ки Истиқлолияти давлатӣ неъмати бебаҳои таърихӣ буда, забони давлатӣ бошад рукни бунёдии он ва сабаби аслии боз эҳё гардидану рушди устувори давлати миллии тоҷикон мебошад. Ҳар як фарди соҳибзабон бояд забони модарӣ ва ба воситаи он ҳувияти миллӣ ва илму фарҳанги миллии худро ҳифз кунад ва гиромӣ дорад. Бузурдошти забони давлатӣ ин арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллӣ буда, ҳар фарди бо нангу номуси меҳанпарварро бо асолати миллӣ пайванд медиҳад. Аз ин рӯ бармеояд, ки забон омили асосии рушду камоли миллат аст ва забону давлат ҳамеша дар паноҳи якдигаранд.
 
 
      Фаттоев М.С.
Мутахассиси пешбари шуъбаи қонунгузорӣ оид ба молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкӣ
   
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (3 овоз)