- МАЪЛУМОТНОМА
-
Санаи таваллуд: 28 феврали соли 1983.Ҷои таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон.Маълумот: олӣ.Миллат: тоҷик.Соли 2004 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Славянии Россия ва Тоҷикистонро (рӯзона) хатм кардааст.Ихтисос: ҳуқуқшинос.Дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент.Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ озод, англисӣ бо луғат.Вакили халқ ҳаст ё не: неМансубияти ҳизбӣ: аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: не.Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби се фарзанд.Маводҳои нашршуда: монография, тафсири қонунҳо, воситаҳои таълимӣ, мақолаҳои илмӣ-оммавӣ ва ғайра.
-
ФАЪОЛИЯТИ КОРӢ
-
Солҳои 2004-2009 донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Славянии Россия ва Тоҷикистон;Солҳои 2004–2009 – корманди Дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;Аз соли 2009 то ҳол муаллими ҳамкори кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;Солҳои 2009–2014 – мудири бахши муроҷиатҳо ва қабули шаҳрвандони шуъбаи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;Солҳои 2014 - 2015 – мудири бахши муроҷиатҳо ва қабули шаҳрвандони раёсати коргузорӣ ва назорати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;Солҳои 2015 - 2019 – муовини Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 январи соли 2019, № 1185, Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд.
- ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ТАЪЛИМӢ
-
Аз соли 2009 то ҳол муаллими ҳамкори кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;Солҳои 2009-2014 унвонҷӯи кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;Соли 2014 дар Шӯрои диссертатсионии назди Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба муроҷиат ва амалишавии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳимоя намудааст;Муаллифи як монография, як воситаи таълимӣ ва зиёда аз 40 мақолаҳои илмӣ мебошад;Аз соли 2019 то ҳол сармуҳаррири маҷаллаи илмӣ-таҳлилии «Қонунгузорӣ»;Аз соли 2019 то ин ҷониб маводи илмии Маркази миллии қонунгузорӣ аз ҷумла, тафсирҳо, тавсияҳо, таҳлилҳои муқоисавӣ – ҳуқуқӣ, маҷмуи мақолаҳои мизҳои мудаввар ва конференсияҳо, истилоҳоти соҳаҳои марбутаи ҳуқуқ ва дигарҳо, зери таҳрири Саидзода Иззатулло Ҳабибулло нашр мегарданд.
Асосӣ | Харитаи сомона | Тамосҳо | | |