Баррасии масъалаи Арбитиражи байналмилалии тиҷоратӣ дар Тоҷикистон
Роҳҳои самараноки алтернативии ҳалли баҳсҳои иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва тиҷоратии Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ аз масоиле буд, ки 3-апрели соли равон дар Конфронси Миллї мавриди баҳси коршиносону масъулин қарор гирифт.
Конференсияи мазкур дар мавзӯи ҷалби сармоягузории хориҷӣ тавассути Конвенсияи Ню-йорки аз соли 1958 «Дар бораи эътироф ва ба иҷро расонидани ҳалномаҳои Арбитражи хориҷӣ», бо дастгирии Маркази Миллии Қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи Савдою саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Ҷамъиятии Тоҷикагрофонд бо кӯмак ва сармоягузории Департаменти Давлатии ИМА ва Филиали Тоҷикистонии «Ҷомеаи кушода»- и Бунёди мадад баргузор гардид.
Дар Конфронс зикр гардид, имрӯзҳо фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон авҷ гирифта, муомилоти иқтисодӣ суръат меёбад ва ташкил намудани механизми ҳуқуқие, ки тавонад ҳали таъҷилӣ, адолатона ва қонунии баҳсҳои бавуҷудомада, ҳифзи ҳуқуқи вайронкардашударо таъмин намояд, муҳим мебошад.
Гуфта мешавад, яке аз роҳҳои самараноки алтернативии ҳалли баҳсҳои иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ ба ҳисоб меравад. «Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ баҳсҳои ҳуқуқии иқтисодиро оид ба алоқаҳои тиҷоратии беруна ва дигар алоқаҳои байналмилалии иқтисодӣ дар байни ҳамагуна субъектҳои ҳуқуқ, агар ҷои ҷойгиршавӣ ва маҳалли зисти яке аз онҳо берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ бошад, инчунин дигар баҳсҳои хоҷагии хусусияти иқтисодӣ доштаро, ки бо созиши тарафхо барои ҳал намудан ба Арбитражӣ байналмилалӣ пешниҳод карда шудаанду қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ намесозад, баррасӣ мекунад», - иброз дошт, директори Маркази Милли Қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимов З.А.
Дар конфронс дар мавзўи: «Танзими ҳуқуқии фаъолияти Ҳакамони Байналмиллалии Иқтисодӣ (Тиҷоратӣ) дар ҶТ, Раҳимов М.З «Меъёрҳои байнулмилалӣ-ҳуқуқии Ҳакамони Байналмиллалии Тиҷоратӣ», «Моҳият ва аҳамияти тасдиқсозии «Конвенсияи Ню-Йорк дар бораи эътироф ва ба иҷро расонидани қарорҳои судҳои хориҷӣ» барои Тоҷикистон, афзалият ва ҷанбаҳои манфии санадҳои мазкури байнулмилалӣ барои кишвари иштирокчӣ; Профессори кафедраи ҳуқуқи хусусии Академияи умумирусиягии савдои хориҷӣ, ҳаками МКАС дар назди ПСС ФР, узви Суди байнулмилалии ҳакамӣ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Федератсияи Россия, доктори илмҳои ҳуқуқшинос Н.Г.Вилкова «Меъёрҳои байналмилалӣ - ҳуқуқии Ҳакамони Байнулмилалии Тиҷоратӣ», маърўзаҳо карда шуд. Дар рафти конфронс музокираҳо ва саволҳо низ аз ҷониби иштирокчиён ба миён омад. Конфронс дар фазои хуби илмӣ гузаронида шуд.