ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1978 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АЛОҚАИ БАРҚӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1977 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1979 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ ЧЕНАКИ ЯГОНА Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.05.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

ДАР БОРАИ ИСТИФОДА ВА ҲИМОЯИ АЛОМАТУ НОМҲОИ САЛИБИ СУРХ ВА ҲИЛОЛИ АҲМАР ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

-A A +A
Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар Санаи интишор: Дшб, 27/01/2020 - 10:58
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
26
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
12.05.2001
                                              ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
                           ДАР БОРАИ ИСТИФОДА ВА ҲИМОЯИ АЛОМАТУ НОМҲОИ
                   САЛИБИ СУРХ ВА ҲИЛОЛИ АҲМАР ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Қонуни мазкур тартиби истифода ва ҳимояи аломатҳо ва номҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Ахмар, ҳамчунин сигналҳои фарқкуниро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз конвенсияҳои Женева дар бораи ҳимояи қурбониҳои ҷанг аз 12 августи соли 1949 ва Протоколҳои иловагӣ ба онҳо аз 8 июни соли 1977, ҳамчунин Қоидаҳои истифодаи аломатҳои салиби сурх ё ҳилоли аҳмар аз ҷониби ҷамъиятҳои миллӣ, ки Конфронси ХХ байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар соли 1965 (бо тағйирот ва иловаҳои соли 1991) қабул кардааст бармеоянд, муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2082).
Моддаи 1. Истилоҳоти асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода бурда мешаванд
Барои мақсадҳои Қонуни мазкур истилоҳоти зерин истифода бурда мешаванд:
низои мусаллаҳона - вазъиятҳо, чӣ тавре ки онҳо дар конвенсияҳои Женева дар бораи ҳимояи қурбониҳои ҷанг аз 12 августи соли 1949 (минбаъд конвенсияҳои Женева) ва дар Протоколҳои иловагӣ ба онҳо аз 8 июни соли 1977 (минбаъд Протоколҳои иловагӣ) муайян карда шудаанд;
воҳидҳои тиббӣ - муассисаҳои статсионарӣ ё сайёри тиббӣ ва дигар воҳидҳои ғайринизомӣ ё харбӣ, ки дар асоси доимӣ ё муваққатӣ барои ҷустуҷу, бардошта баровардан, интиқол, ташхис ё муолиҷа намудани маҷрӯҳон ва беморон, аз ҷумла расонидани кумаки аввалин, ҳамчунин барои пешгирии бемориҳо ташкил карда шудаанд;
ҳайати кормандони тиббӣ - шахсоне мебошанд, ки дар асоси доимӣ ё муваққатӣ барои ҷустуҷу, бардошта баровардан, интиқол, ташхис ё муолиҷа намудан, аз ҷумла расонидани ёрии аввалин ба маҷрӯҳои ва беморон, барои пешгирии бемориҳо, ҳамчунин барои таъминоти хоҷагӣ, моддию техники ва дигар таъминоти воҳидҳои тиббӣ таъин шудаанд;
Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар - ҳаракатест, ки ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ва Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмарро дар бар мегирад;
воситаҳои наклиёти санитари - воситаҳои ҳавоӣ, заминӣ, баҳрӣ ва дарёии интиқол, ҳам ҳарбӣ ва ҳам ғайринизомӣ, доимӣ ё муваққатӣ, ки фақат барои кашонидани маҷруҳон ва беморон, ҳайати кормандони тиббӣ, амволи тиббӣ ва ба мақсадҳои дигари тиббӣ таъин шудаанд ва таҳти назорати тарафи дар низои мусаллаҳона ширкаткунанда мебошанд;
аломат - аломати салиби сурх ё ҳилоли аҳмар дар заминаи ранги сафед, ки ҳамчун аломати муҳофизаткунанда ё фарқкунии воҳидҳои тиббӣ, воситаҳои нақлиёти санитарӣ, амволи тиббӣ, ҳайати кормандони тиббӣ истифода бурда мешавад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истифода ва ҳимояи аломату номҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истифода ва ҳимояи аломату номҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меьёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эьтироф кардааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2082).
Моддаи 3. Объектҳое, ки ҳимоя карда мешаванд
Объектҳои зерин таҳти ҳимояи Қонуни мазкур қарор мегиранд:
а) аломатҳои салиби сурх ва ҳилоли аҳмар;
б) номҳои "Салиби Сурх" ва "Ҳилоли Аҳмар";
в) сигналҳои фарқкунӣ барои шинохтани воҳидҳои тиббӣ ва воситаҳои нақлиёти санитарӣ.
Моддаи 4. Созмони миллии Ҳилоли Аҳмар
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона созмони миллии Ҳилоли Аҳмар эътироф карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2082).
Фаъолият, вазифаҳо ва мақсадҳои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистонро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 5. Аломат
Аломат рамзи сабук кардани азобу шиканҷаи маҷруҳон ва беморон дар давраи низоъҳои мусаллаҳона, вазъиятҳои фавқулодае, ки хусусияти табиӣ ва техногенӣ доранд ва барҳам додани оқибатҳои онҳо мебошад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2082).
Аломати салиби сурх, салиби сурхи дар заминаи ранги сафед тасвирёфта аст, ки аз ду хати рости дорои тулу арзи баробар иборат мебошад, ки дар марказ ҳамдигарро бо кунҷи рост бурида мегузаранд ва то канори замина намерасанд.
Аломати ҳилоли аҳмар аз тасвири ҳилоли аҳмар дар заминаи ранги сафед иборат аст, ки нӯгҳои тези он ба тарафи рост аз нигоҳкунанда нигаронида шудаанд ва то канори замина нарасидаанд.
Моддаи 6. Истифодаи аломат
Аломатро ҳамчун нишони фарқкунӣ ва муҳофизаткунанда фақат дар мавридҳои пешбиникардаи ҳамин Қонун, конвенсияҳои Женева ва Протоколҳои иловагӣ истифода бурдан мумкин аст.
Аломат ҳамчун нишони муҳофизаткунанда дар давраи низои мусаллаҳона, ҳамчунин дар мавридҳое, ки ҳамин Қонун пешбинӣ намудааст, дар замони осоишта барои ишорат кардани ҳайати кормандони тиббӣ, воҳидҳои тиббӣ ва воситаҳои нақлиёти санитарӣ, ки бинобар бо кумак расонидан ба маҷрӯҳон ва беморон аз ҳимояи махсус бархурдоранд, истифода бурда мешавад. Аломате, ки ҳамчун нишони муҳофизаткунанда истифода бурда мешавад, бояд аз рӯи имкон андозаи калон дошта бошад, то ки аз масофаи хеле дур дида шинохтани он мумкин гардад.
Аломате, ки ҳамчун нишони фарқкунӣ истифода бурда мешавад, нишон медиҳад, ки шахс ё объект бо Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар вобастаанд ва аломат бояд андозаи хурдтар дошта бошад.
Бо иҷозати Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон истифода бурдани аломатњои Ҳилоли Аҳмар ва Салиби Сурх ҳамчун нишони фарқкунӣ барои дар замони осоишта ишорат кардани ҳайати кормандони тиббӣ, воситаҳои нақлиёти санитарӣ ва муассисаҳои тандурустӣ, ки ба маҷруҳон ва беморон ройгон кумаки тиббӣ мерасонанд, рухсат дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2082).
Моддаи 7. Аз аломат истифода бурдани хадамоти тиббии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хадамоти тиббии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд аломати ҳилоли аҳмарро ҳамчун нишони муҳофизаткунанда, ҳам дар замони осоишта ва ҳам дар давраи низои мусаллаҳона, фақат барои ишорат кардани ҳайати кормандони тиббии худ, воситаҳои нақлиёти санитарӣ, воҳидҳои тиббӣ истифода барад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2082).
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати кормандони тиббӣ бозубанд ва шаҳодатномаи дорои тасвири аломат ва муҳр медиҳад, ки намунаашро конвенсияҳои Женева ва Протоколи иловагии I муқаррар кардаанд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2082).
Моддаи 8. Аз аломат истифода бурдаии воҳидҳои тиббии ғайринизомӣ
Дар давраи низои мусаллаҳона ҳайати кормандони тиббӣ, воҳидхҳи тиббӣ ва воситаҳои нақлиёти санитарии ғайринизомӣ бо иҷозат ва таҳти назорати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аломати ҳилоли аҳмар, ки ҳамчун нишони муҳофизаткунанда истифода мешавад, ишорат карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2082).
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати кормандони тиббии ғайринизомӣ бозубанд ва шаҳодатномаи дорои тасвири аломат ва муҳр медиҳад, ки намунаашро конвенсияҳои Женева ва Протоколи иловагии I муқаррар кардаанд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2082).
Моддаи 9. Аз аломат истифода бурдани Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистои
Ҳайати кормандони тиббӣ, воҳидҳои тиббӣ ва воситаҳои нақлиёти санитарии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, ки дар давраи низои мусаллаҳона ба ихтиёри ҳадамоти тиббии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд, бо иҷозати Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аломати ҳилоли аҳмар, ки ҳамчун нишони муҳофизаткунанда истифода бурда мешавад, ишорат карда мешаванд. Ҳайати кормандони тиббии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба конунҳо ва амрҳои ҳарбӣ итоат мекунанд.
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати кормандони тиббии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бозубанд ва шаҳодатномаи дорои тасвири аломат ва муҳр медиҳад, ки намунаашро конвенсияҳои Женева ва Протоколи иловагии I муқаррар кардаанд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2082).
Дар мавридҳои дигар Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар давраи низои мусаллаҳона мутобиқи моддаи 8 ҳамин Қонун аломати ҳилоли аҳмарро ҳамчун нишони муҳофизаткунанда истифода мебарад.
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо розигии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳануз дар замони осоишта аломати ҳилоли аҳмарро ҳамчун нишони муҳофизаткунанда ва сигналҳои фарқкуниро барои ишорат кардани воҳидҳои тиббӣ ва воситаҳои нақлиёти санитарӣ, ки барои дар давраи низои мусаллаҳона онҳоро ба мақсадҳои тиббӣ истифода бурдан пешбинӣ мешаванд, истифода бурда метавонад.
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аломати ҳилоли аҳмарро, ҳамчун нишони фарқкунӣ ҳам дар давраи низои мусаллҳона ва ҳам дар замони осоишта барои ишорат кардани мансубияти шахсон, воситаҳои нақлиёт, амвол, иншоотҳо ва дигар объектҳо ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон истифода мебарад.
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистои нишони Ҳилоли аҳмарро, инчунин мутобиқи Қоидаҳои истифодаи аломатҳои салиби сурх ё ҳилоли аҳмар аз ҷониби ҷамъиятҳои миллӣ ҳамчун нишони фарқкунӣ истифода бурда метавонад.
Ҷамъиятҳои миллии хориҷии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, бо иҷозати Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аломатро бо тартибе, ки қисмҳои панҷум ва шашуми ҳамин модда пешбинӣ намудаанд, ҳамчун нишони фарқкунӣ истифода бурда метавонаид (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2082).
Моддаи 10. Аз аломат истифода бурдани воҳидҳои тиббии ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари давлатҳои бетараф ва дигар давлатҳои хориҷие, ки дар низои мусаллаҳона иштирок намекунанд
Бо розигии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳти назорати Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҳайати кормандони тиббӣ, воҳидҳои тиббӣ ва воситаҳои нақлиёти санитарии ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари давлатҳои бетараф ва дигар давлатҳои хориҷие, ки дар низои мусаллаҳона иштирок намекунанд, метавонанд барои расониданн кумаки инсондустона ба ихтиёри ҳадамоти тиббии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шаванд ва бо аломат, ки ҳамчун нишони муҳофизаткунанда истифода бурда мешавад, ишорат карда мешаванд.
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати кормандони тиббии ҷамъиятҳои миллии давлатҳои бетараф ва дигар давлатҳои хориҷие, ки дар низоъ иштирок намекунанд, бозубанд ва шаҳодатномаи дорои тасвири аломат ва муҳр медиҳад, ки намунаашро конвенсияҳои Женева ва Протоколи иловагии I муқаррар кардаанд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2082).
Моддаи 11. Бозубанд ва шаҳодатнома
Ҳайати кормандони тиббии дар моддаҳои 7, 8, 9, 10 ҳамин Қонун зикршуда барои тасдиқи мақоми худ дар давраи низои мусаллаҳона уҳдадор аст, ки бозубанд бандад ва бо худ шаҳодатнома дошта бошад, ки намунаашро конвенсияҳои Женева ва Протоколи иловагии I муқаррар кардаанд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2082).
Моддаи 12. Сигналҳои фарқкунӣ
Мутобиқи Протоколи иловагии I сигналҳои равшанидиҳанда, сигналҳои радиоӣ ва сигналҳои электронии ташхискунӣ, ки фақат барои истифода бурдани воҳидҳои тиббӣ ва воситаҳои нақлиёти санитарӣ бо мақсадҳои шинохтани онҳо пешбинӣ шудаанд, ба сигналҳои фарқкунӣ мансуб мебошанд.
Сигналҳои фарқкуниро барои ягон мақсади дигар истифода бурдан мумкин нест.
Моддаи 13. Истифода бурдани номи "Салиби Сурх" ва "Ҳилоли Аҳмар"
Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар номҳои шахсони ҳуқуқӣ, тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ ва ба мақсадҳои дигар, ки бо принсипҳои Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар мувофиқ нестанд, номҳои "Салиби Сурх" ва "Ҳилоли Аҳмар" - ро истифода бурдан мумкин нест (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2082).
Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фақат ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҳуқуқи мустаснои истифодабарии номи "Ҳилоли Аҳмар" дода мешавад, агар ҳамин Қонун чизи дигаре муқаррар накарда бошад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2082)
Моддаи 14. Созмонҳое, ки аломатро бе иҷозат истифода мебаранд
Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, Федератсияи байналмилалии ҷамъиятхои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар мутобиқи конвенсияҳои Женева ва Протоколҳои иловагӣ, ҳам дар замони осоишта ва ҳам дар давраи ҷанг ҳангоми амалӣ намудани тамоми шаклҳои фаъолияти худ аломатро бе иҷозат истифода мебаранд.
Истифода бурдани нишонаҳои шабҳеи аломат, ки шояд саҳван бо аломат монанд карда шаванд, мумкин нест.
Моддаи 15. Истифодаи ғайриконунии салиби сафед дар заминаи ранги сурх
Бо сабаби он, ки нишони Швейтсария саҳван ҳамчун аломати Салиби Сурх қабул нагардад, ба сифати аломати тиҷоратӣ ё фабрикӣ, ( ба сифати қисмҳои таркибии чунин аломатҳо), ҳамчунин бо мақсадҳое, ки хилофи қоидаҳои тиҷорати бовиҷдонона мебошанд, инчунин дар дигар ҳолатҳое, ки мумкин аст ҳисси миллии шаҳрвандони Швейтсария таҳқир шавад, истифодаи салиби сафед дар заминаи ранги сурх ё ҳама гуна аломате, ки ба охирин ҳамшабеҳ аст, дар ҳама ҳолат манъ мебошад. Шахсоне, ки ҳамин меъерҳоро вайрон мекунанд, мутобиқи қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2082).
Моддаи 16. Назорати истифодаи аломатҳо ва номҳои "Салиби Сурх" ва "Ҳилоли Аҳмар"
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз болои иҷрои Қонуни мазкур ва ҳамчунин аз болои шахсоне, ки барои истифода бурдани аломатҳо номҳои "Салиби Сурх" ва "Ҳилоли Аҳмар" ва сигналҳои фарқкунӣ ҳуқуқ доранд, назорат менамояд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2082).
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар соҳаи пешгирӣ кардан ва роҳ надодан ба суиистифода аз аломатҳо, номҳои "Салиби Сурх" ва "Ҳилоли Аҳмар", сигналҳои фарқкунӣ бо мақомоти ҳокимияти давлат ҳамкорӣ мекунад.
Моддаи 17. Масьулият барои иҷро накардани Қонуни мазкур
Аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар гуна шакл истифода бурдани аломатҳо, номҳои "Салиби Сурх" ва "Ҳилоли Аҳмар" ва сигналҳои фарқкунӣ, ки хилофи Қонуни мазкур, конвенсияҳои Женева ва Протоколҳои иловагӣ, ҳамчунин Қоидаҳои истифодаи аломатҳои салиби сурх ё ҳилоли аҳмар аз ҷониб ҷамъиятҳои миллӣ мебошанд, манъ аст (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2082).
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқарарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2082).
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе 
 12 майи соли 2001 № 26