ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2065 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2033 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.02.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2026 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.01.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ДАР БОРАИ БИРЖАИ МОЛӢ ВА САВДОИ БИРЖАВӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

-A A +A
Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар Санаи интишор: Чшб, 22/01/2020 - 12:48
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
452
Мақомот: 
Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
23.12.1991
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ БИРЖАИ МОЛӢ ВА САВДОИ БИРЖАВӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Қонуни ҶТ аз, 15.05.1997 № 421, аз 12.12.1997 № 498, аз 28.12.2005 № 148, аз 25.03.2011 № 698)
Ҳамин Қонун асосҳои ташкили, иқтисоди ва ҳуқуқии ташаккул ва инкишофи биржаи моли ва савдои биржавиро дар шароити бозори иқтисоди муайян карда, якҷоя бо дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад.
Биржаҳои моли ва савдои биржави дар муҳайё намудани шароит барои ташаккули бозори воситаҳои истеҳсолот, инкишофи босуръати инфраструктураи тиҷорати, консепсияи талабот ва таклифҳо ва дар ин асос ташаккул ёфтани нархи тавозуни бозори кўмак мерасонад.
ФАСЛИ I. НУҚТАҲОИ УМУМИ
1. Биржаи моли, ки минбаъд Биржа номида мешавад, бозори доимоамалкунандаи молҳои оммавиест, ки мувофиқи стандарту намунаҳо фурўхта мешаванд ва ташкилоти тиҷоратиест, ки дар асоси мустақилияти хоҷаги амал мекунад.
Биржаи моли бо мақсади расонидани ёрии миёнарави барои бастани аҳдномаҳои хариду фурўш, ба низом овардани савдои мол, танзими амалиёти тиҷорати ва ҳалли баҳсҳои тиҷорати, ҷамъ овардан ва нашр намудани маълумот оиди нархҳо, вазъи саноат, савдо, нақлиёт ва дигар омилҳое, ки ба динамикаи нарх таъсир мерасонанд, бунёд мегардад.
Биржа дорои ҳуқуқи шахси юридики буда, амволи махсус дорад, вай метавонад дар муассисаҳои бонк ҳисоби ҷори, асъори ва ғайра, муҳр бо сабти номаш дошта бошад.
2. Биржа дар асоси Қонуни мазкур, дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи он, ки дар асоси қонунҳои зикршуда таҳия мегардад, инчунин қоидаҳои савдои биржави амал мекунад.
3. Биржа дар асоси иттиҳоди ихтиёрии шахсони юридикию алоҳидаи ҳавасманди шўрави ва хориҷи (минбаъд шахсони ҳавасманд), ки аз тарафи қонунҳои ҷори манъ карда нашудааст, ба вуҷуд меояд.
4. Биржа дар асоси принсипҳои ҷамъиятҳои саҳмдорон таъсис мегардад, ки одатан ба даст овардани фоидаро мақсади худ қарор намедиҳад.
5. Асоси бастани аҳднома дар Биржа моли нақд (реали) ва муоҳида (шартнома) барои молрасонии минбаъда, ки аз рўи нархҳои озод фурўхта мешаванд, ба ҳисоб меравад.
Дар биржа танҳо маркаҳои (навъҳои) ба қайд гирифташудаи молҳо фурўхта мешаванд. Тартиби дар сексияҳои гуногуни Биржа ба муомилот қабул кардани молро қоидаҳои Биржа муайян мекунанд.
6. Биржа ҳамчун ташкилоти пўшида фаъолият мекунад. Амалиёти биржавиро дар Биржа танҳо аъзоёни Биржа шахсан ё ба воситаи намояндагони ваколатдори худ ва брокерҳои биржави мувофиқи супориши аъзоёни Биржа иҷро карда метавонанд. Ҳар гуна шахсони дигари ҳавасманд амалиётро дар Биржа танҳо ба воситаи миёнаравии аъзоёни Биржа иҷро менамоянд.
7. Муносибатҳои байниҳамдигарии Биржа ва ташкилотҳои дигар дар асоси шартномаҳо сурат мегирад.
ФАСЛИ II. ҲУҚУҚҲОИ БИРЖА
8. Биржа барои ҳалли масъалаҳое, ки дар наздаш истодаанд, ҳуқуқҳои зайлро дорад:
а) дар асоси қонуни мазкур тартибу қойдаи фаъолияти Биржаро нашр мекунад, ҷузъҳои Биржаро ташкил менамояд ва вазифаи коркунони Биржаро бо муайян намудани салоҳияту ваколаташон тасдиқ мекунад;
б) ҷамъомадҳои биржавиро бо ваколатҳое, ки дар қоидаҳои савдои биржави муайян шудаанд, ташкил мекунад ва мегузаронад;
в) бо назардошти стандартҳои давлати стандартҳои биржави ва муоҳидаҳои биржавии типии худро таҳия мекунад;
г) амалиётҳои биржавиро мегузаронад, аҳдномаҳои биржавиро танзим менамояд ва оид ба баҳсҳои биржави қарор қабул мекунад;
д) дар сурате, ки нархҳои аҳдномаҳои биржави дар давоми рўз аз меъёри муайянкардаи Биржа ё мақомоти дахлдори савдо дар бозорҳои ташкилшудаи молҳо паст ё баланд гарданд, муваққатан савдои биржавиро бозмедорад;
е) барои аъзоёни Биржа ҳаққи аъзоги ва дохилшави, инчунин дигар боҷҳои зарурии пулиро муқаррар мекунад, барои хизматҳое, ки Биржа расондааст, ҳақ мегирад;
ж) барои вайрон кардани Оинномаи Биржа ва қоидаҳои савдои биржави ҷарима меситонад;
з) ба тамоми ташкилотҳои давлатию ҳуқумати оид ба масъалаҳое, ки ба фаъолияти Биржа дахл доранд, таклиф пешниҳод мекунад;
и) дар Биржаҳои дигаре, ки дар ҳудуди мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои соҳибихтиёр ва берун аз марзи он амал мекунанд, намояндаи худро дошта метавонанд;
к) бюллетени биржави, маълумотнома ва дигар нашрияҳои ахборию рекламавиро мустақилона нашр мекунад.
ФАСЛИ III. ТАЪСИСИ БИРЖА
9. Биржа мувофиқи қарори маҷлиси муассисон ташкил карда мешавад. Тамоми шахсони ҳавасманд, ки ба онҳо ин корро қонунҳои ҷори манъ намекунад, метавонанд муассисони Биржа шаванд.
10. Биржа ҳамчун иттиҳоди ихтиёрии шахсони ҳавасманд, ки минбаъд муассисон ном бурда мешаванд, таъсис мегардад. Иттиҳодия дар асоси додани ҳақуссаҳм ё иштирок дар фаъолияти Биржа сурат мегирад.
Ҳаҷм ва характери ҳақуссаҳмро маҷлиси муассисон муайян мекунад. Дар ҳолати баромадан аз ҳайати муассисон ҳаққи саҳмдори бо назардошти арзиши он ҳангоми баромадан баргардонда мешавад.
11. Тақсимоти ваколату ҳуқуқҳои муассисон ва аъзоёни Биржаро Оинномаи он муайян мекунад.
12. Мувофиқи ҳақуссаҳми супурдашуда дивидендҳо дода мешаванд. Тартиб ва ҳаҷми додани дивидендро маҷлиси умумии аъзоёни Биржа муайян мекунад.
13. Таъсиси Биржа бо роҳи ба имзо расидани ҳуҷҷатҳои таъсиси, ки тартибу принсипҳои бунёди Биржа, ҳайати муассисон, ҳаҷму мўҳлати додани ҳаққи аъзогиро муайян мекунанд, амали мегардад.
14. Муассисон маҷлиси аввалини шахсони ҳавасмандеро, ки рағбати ба Биржа аъзошавиро зохир кардаанд, тайёр мекунанд ва мегузаронанд.
15. Маҷлиси аввалини аъзоёни Биржа якҷоя бо муассисон салоҳияти муассисон ва аъзоёни Биржаро тақсим намуда, Оинномаи Биржаро тасдиқ мекунад, мақомоти иҷроияи Биржаро интихоб ва шумораю тартиби аъзогиро ба Биржа муайян менамояд.
16. Биржа аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ шахси ҳуқуқии таъсисёфта ба ҳисоб меравад. Биржа мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" ба қайди давлатӣ гирифта мешавад (Қонини ҶТ аз 25.03.2011 № 698).
17. Маълумот дар бораи филиалҳо ва намояндагиҳои Биржа, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешаванд, бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" бояд дар Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дарҷ карда шавад (Қонини ҶТ аз 25.03.2011 № 698).
ФАСЛИ IV. АЪЗОЁНИ БИРЖА
17. Қайди баҳисобгирии намояндаги ва филиалҳои биржаҳо, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқи" амали карда мешавад.
18. Тартибу қоидаи қабул ба аъзогии Биржа ва баромадан аз аъзогии онро Оинномаи он муайян мекунад.
19. Аъзоёи Биржа ҳангоми дохилшави ҳаққи аъзогии дохилшавиро месупоранд, ҳаққи аъзогии мазкур арзиши "ҷой"-ро дар Биржа ифода мекунад. Ҷои мазкур моликияти аъзои Биржа буда, тамоми ҳуқуқу ўҳдадориҳои аъзои Биржаро медиҳад, ки онҳоро Қонуну Оинномаи Биржа муайян кардаанд.
20. Аъзои Биржа "ҷои" худро дар ҳолати баромаданаш аз ҳайати Биржа метавонад фурўшад. "Ҷои" мазкур фақат ба Кумитаи Биржа фурўхта мешавад. Арзиши "ҷой"-ро кумитаи биржави бо назардошта талабу таклиф ба он муайян мекунад.
21. Шумораи умумии аъзоёни Биржаро Оинномаи он муайян мекунад.
22. Аъзои Биржа ҳар сол ҳаққи аъзоги месупорад, ки ҳаҷми онро кумитаи (Шўрои директорон) муайян мекунанд. Ҳаққи аъзогии додагии солона моликияти Биржа буда, ҳангоми баромадани аъзо аз ҳайати Биржа баргардонда намешавад.
23. Аъзоёни Биржа шахсони дорои масъулияти маҳдуди ҳуқуқи буда, аз рўи натиҷаи фаъолияти Биржа дар ҳаҷми маблағгузориашон масъулияти молумулки доранд.
24. Дараҷаи масъулияти Биржаро оид ба ўҳдадории аъзоёни Биржа Оинномаи он муайян мекунад.
ФАСЛИ V. ҲУҚУҚ ВА ЎҲДАДОРИИ АЪЗОЁНИ БИРЖА
25. Ҳар як узви Биржа ҳуқуқ дорад:
а) дар рўзу соати гузаштани маҷлисҳои Биржа амалиёти биржави гузаронад;
б) дар ҳалли масъалаҳои фаъолияти Биржа иштирок кунад, ба мақомоти роҳбарикунандаи он интихоб шавад;
в) дар Биржа амалиёти миёнаравиро анҷом диҳад ва ба ивази он боҷи комиссиони гирад;
г) дар Биржа намояндагони худро бо ҳуқуқи гузаронидани амалиёт дошта бошад, ки шумораи онҳоро маҷлиси умуми муқаррар кардааст;
д) аз тамоми хизматҳои Биржа бархурдор бошад.
26. Ҳар як узви Биржа ўҳдадор аст:
а) нуқтаҳои Қонуни мазкур, қоидаҳои амали гардондани амалиёти Биржа ва қарорҳои кумитаи Биржа (Шўрои директорон)-ро риоя кунад;
б) аз рўи хариду фурўши худ мувофиқи қоидаҳои Биржа ҳисобу китоб кунад ва кумитаи Биржа (Шўрои директорон)-ро дар вақташ дар бораи тағйироти вазъи молиявии худ, ки метавонад ба иҷрои ўҳдадориҳои ў таъсири манфи расонад, воқиф созад;
в) ҳаққи аъзогии зарурии дохилшави ва боҷи солонаи аз аъзогир диҳад;
г) аз рўи шакли муқарраркардаи қоидаҳои Биржа оид ба хариду фурўше, ки анҷом медиҳад, ҳисобу китоб барад;
д) тамоми ахбори заруриро ба мақомити назораткунандаи Биржа пешниҳод кунад;
е) дар маҷлиси умумии аъзоёни Биржа иштирок кунад.
27. Дар ҳолате, ки узви Биржа ўҳдадориҳои ба зиммааш гузошташударо иҷро накунад, кумитаи Биржа, (Шўрои директорон) ҳуқуқ дорад аз ў ҷарима ситонад.
ФАСЛИ VI. ИДОРАКУНИИ БИРЖА ВА ТАРКИБИ ОН
28. Мақомоти олии Биржа маҷлиси умумии аъзоёни Биржа мебошад. Мақомоти иҷроияи Биржа кумитаи Биржа (Шўрои директорон) ва мақомоти назораткунандаи Биржа Комиссияи назорат мебошад. Онҳоро маҷлиси умумии аъзоёни Биржа интихоб мекунад. Салоҳияту ваколати онҳоро Оинномаи Биржа муайян менамояд.
29. Агар ҳаҷми солонаи амалиёти биржа, ки дар Биржа гузаронида мешаванд, аз рақами муқарраршуда зиёд шавад, он гоҳ шумораи муайяни аъзоёни кумитаи Биржа (Шўрои директорон)-ро Кумитаи оид ба савдо дар бозорҳои муташаккили мол таъмин мекунад.
30. Тамоми қарорҳои маҷлиси умумии аъзоёни Биржа ва Кумитаи Биржа (Шўрои директорон) оид ба масъалаҳои ташкили дохилии он тасдиқ намегарданд ва агар бар хилофи қонун набошанд, тағйир дода ва бекор карда намешаванд.
31. Барои идоракунин Биржа ва таъмини амали он дар Биржа ва назди он кумитаи Биржа (Шўрои директорон) метавонад подразделнияҳои махсусро таъсис намояд:
Палатаи ҳисоби. Барои ба амал баровардани ҳисобу китоб аз рў аҳдномаҳое, ки дар Биржа баста шудаанд ва назорат кардан аз болои иҷрошавии муоҳидаҳо таъсис меёбад.
Ҳакамияти Биржа. Барои ҳалли фаврии баҳсҳое, ки дар Биржа ба вуҷуд меоянд ва машварати ҳуқуқи оид ба масъалаҳои савдои биржави таъсис меёбад.
Кумитаи бақайдгири. Барои мушоҳида аз болои савдои биржави, бақайдгирию тартиб додани аҳдномаҳо дар Биржа таъсис меёбад.
Кумитаи нархгузори. Барои ҷамъ кардани ахбор дар бораи ҷараёни нарх аз рўи аҳдномаи дар Биржа басташуда, нархмони, тайёр ва нашр намудани бюллетени биржави таъсис меёбад.
Кумитаи оид ба стандарту сифат. Барои таҳияву назорат аз болои стандартҳои биржави, экспертизаи сифати молҳое, ки дар Биржа арзиш доранд, ҳалли масъалаҳои ҳам ба муомилоти Биржа қабул кардани молҳо таъсис меёбад.
Кумитаи оид ба қоидаҳои савдои биржави. Барои таҳия ва тағйири қоидаҳои савдои биржави ва муоҳидаҳои типпи, назорат аз болои иҷроиши онҳо таъсис меёбад.
Гурўҳи брокерҳои расми - ходимони Биржа. Барои миёнарави ҳангоми бастани аҳдномаҳои байни аъзоёни Биржа, тайёр кардани бақайдгирию тартиб додани онҳо (дар ҳайати маҳдуди брокерҳо - аъзоёни Биржа) таъсис меёбад.
Дар Биржа подразделенияҳои дигар ва умури хизматрасоние, ки барои фзъолитяти Биржа зарур аст, метавонанд таъсис ёбанд.
32. Подразделенияҳои Биржа дар асоси Низомномае, ки маҷлиси умумии аъзоёни Биржа тасдиқ кардааст, амал мекунанд.
33. Дар Биржа метавонанд сексияҳои зерин ташкил шаванд ва амал кунанд:
оид ба савдои молҳои нақд (воқеи);
оид ба савдои молҳои минбаъда ё шартномаҳои додугирифт;
оид ба савдо мувофиқи муоҳидаҳои типи;
оид ба амалиёти бартери дар бозори байни ҷумҳурияви;
оид ба фурўши музоидавии молҳо (муоҳидаҳо);
оид ба савдои коғазҳои қимматнок.
Сексияҳои оид ба фурўши коғазҳои қимматнок (шўъбаҳои фонди) ба тартибе, ки барои таъсиси биржаҳои фонди муқаррар шудааст, ташкил меёбанд.
34. Тартиби иҷозат доданро барои гузарониданн амалиёти биржави дар сексияҳои мухталиф Қонуни мазкур, Оинномаи Биржа ва қоидаҳои он муайян мекунанд.
35. Барои бастану бақайдгирии аҳдномаҳои оид ба гурўҳҳои гуногуни молҳо ва навъи мол дар Биржа марказу фурўшгоҳҳои ҷудогонаи дорои ҳайати махсуси хизматрасони ташкил шуда метавонанд.
ФАСЛИ VII. АМВОЛИ БИРЖА
36. Амволи Биржа аз ҳисоби маблағи зерин ташаккул меёбад:
а) ҳаққи аъзогии саҳмдорон, дохилшави ва солона;
б) ҳаққи аъзогии замонати ба пардохти ҳисоби;
в) боҷе, ки аз ҳисоби амалиёти Биржа ба даст меояд;
г) боҷе, ки аз ҳисоби хизматрасонии подразделенияҳои Биржа ва истифодаи аппарати Биржа ба даст меояд;
д) ҷарима барои вайрон кардани қоидаҳои савдои биржави;
е) боҷу воридоти дигари пули.
37. Роҳҳо ва тартиби сарф намудани маблағро маҷлиси умумии аъзоёни Биржа муайян мекунад.
ФАСЛИ VIII. АҲДНОМАҲОИ БИРЖАВИ
38. Аҳдномаҳо дар ҳолате биржави ҳисоб мешаванд, ки агар онҳо ба моли дар Биржаи мазкур ба муомилот роҳ додашуда байни аъзоёни Биржа ё намояндагони онҳо дар маҷлиси Биржа дар мўҳлату тартиби муқарраркардаи ин қонун, Оинномаи Биржа ва қоидаҳои он баста шуда бошанд.
39. Дар Биржа бастани аҳдномаҳое иҷозат дода мешаанд, ки тибқи Қонуни мазкур, Оиннома ва қоидаҳои Биржа сурат мегиранд.
40. Бастани аҳдномаҳои биржави ба шахсоне иҷозат дода мешавад, ки мувофиқи Оинномаи Биржа ба ин кор роҳ дода шудаанд.
41. Аҳдномаҳои биржави дар маҷлиси Биржа дар асоси қоидаҳои савдои биржави ва Регламенти Биржа, ки онро кумитаи Биржа (Шўрои директорон) таҳия намуда, маҷлиси умумии аъзоёни он тасдиқ кардааст, баста мешаванд.
42. Мазмуни аҳдномаи биржави, ба истиснои номгўи мол, миқдор, нарх, макону мўҳлати иҷроиш ошкор карда намешавад. Ахбори мазкур фақат бо талаби мақомоти дахлдори савдо дар бозорҳои муташаккили мол, мақомоти тафтишоти ва қарори суд дода мешавад.
43. Аҳднома аз лаҳзаи бақайдгирии он дар Биржа мувофиқи тартиби муқарраршуда басташуда ҳисоб меёбад.
44. Тамоми баҳсҳое, ки оид ба аҳдномаҳои биржави ба вуҷуд меоянд, барои ҳал кардан ба Ҳакамияти Биржа супурда мешаванд.
Нуқтаи мазкур дар ҳолати зарури ҳуқуқи ба суди иқтисоди ва ё суд муроҷиат кардани тарафҳоро баъди он ки имкоиияти Ҳакамияти Биржа дигар намонд, истисно намекунад (Қонун аз 15.05.97с. № 421).
ФАСЛИ IХ. НАВЪҲОИ АҲДНОМАҲОИ БИРЖАВИ
45. Дар Биржа аҳдномаҳо ба молҳои нақд (воқеи) ва ба мўҳлатҳои муайян (аҳдномаҳои мўҳлатнок ва фючери) баста мешаванд.
46. Аҳдномаҳо бо моли нақд:
а) аҳдномаҳо бо моли нақд бо мақсади хариду фурўши моли мушаххас баста мешаванд;
б) аҳдномаҳо бо моли нақд метавонанд ба низоми зайл баста шаванд:
дар асоси муоинаи пешакии мол;
аз намуди зохири;
аз рўи маълумотҳои фурўшанда, миёнарав, экспертизаи биржави;
бе муоинаи пешакии мол;
аз рўи намунаҳо;
аз рўи стандартҳо;
аз рўи шарти сифати миёна ва ё минималии мол;
шарти пешниҳоди моли мушаххас ҳангоми ворид шудани он ба муомилоти Биржа дар асоси Оинномаи Биржа муайян карда мешаванд;
в) аҳдномаҳо бо моли нақд бо роҳҳои зайл баста мешаванд:
ба моле, ки ҳангоми хариду фурўш дар ҳудуди Биржа, иморатҳо (анборҳо)-и он воқеъ аст ё дар рўзи хариду фурўш то ба итмом расидани маҷлиси Биржа ба Биржа ворид мешаванд, дар сурате ки фурўшанда дар бораи ин то оғози хариду фурўш иброз намояд ва бо ҳуҷҷатҳои дахлдор тасдиқ кунад;
ба моле, ки ҳангоми бастани аҳднома дар роҳ буда, инро мавҷудияти ҳуҷҷатҳои дахлдор тасдиқ мекунад;
ба моли ҳамлу нақлшуда ва омодаи ҳамлу нақл;
ба моли минбаъда ё шартномаи расонидани мол;
г) аҳднома бо моли нақд вобаста ба рағбати мизоҷ бо иҷроиши минбаъдаи он баста мешавад:
мувофиқи нархе, ки дар лаҳзаи бастани аҳднома ба қайд гирифта шудааст;
мувофиқи нархи ахбори, ки дар лаҳзаи оғозу анҷоми Биржа ба қайд гирифта шудааст;
аз рўи нархи ахбори, ки дар Биржа пеш аз рўзи (мархилаи) муайяншудаи Биржа нашр шудааст. Биржа ва рўзи он қаблан дар шартнома қайд карда мешаванд ё дар доираи марҳилаи махвшави мувофиқи хоҳиши харидор ё фурўшанда вобаста ба шартҳои муоҳида интихоб мегарданд.
Рўзи (марҳилаи) Биржа муддатест, ки дар он муқаррар кардани нарх ва нашри бюллетени Биржа сурат мегирад.
Дар ҳолати дар рўзи таъиншуда набудани нархи ахбори ҳисобу китоб мувофиқи нархе сурат мегирад, ки пеш аз рўзи барҳамхури ва дар рўзи нархмони нашр шуда буд. Агар нархмонии моле, ки дар муоҳидаи Биржа сабт шуда, дар зиёда аз се рўзи биржави то рўзи барҳамхури ба қайд гирифта нашудааст, ҳисобу китоб мувофиқи созишномаи тарафҳо сурат мегирад ва агар ба чунин мақсад ноил нашаванд, ҳисобашонро мувофиқи нархи муқарраркардаи Ҳакамияти Биржа якҷоя бо Комиссияи нархмони баробар мекунанд;
д) ҳангоми муомилоти молу навъи молҳо дар Биржа, ки дар он нархашон муқаррар мегардад, аҳдномаҳо аз рўи онҳо мувофиқи нархи ахбори дар асоси нархҳои ахбории молҳои асоси ва гузашту изофа ба онҳо бо сабаби тағйири сифати миёнаи моли асосие, ки дар Биржа нархгузори мегардад, баста мешаванд.
Гузашту иловаро барои молҳои бозоргир Комиссияи оид ба сифат ва стандартҳои биржави вобаста ба тавсифоти муқоисавии сифатии молҳо дар асоси стандартҳои давлати ё стандартҳои Биржа таъин на муқаррар мекунад. Ба молҳое, ки ба Биржа аҳёнаи пешниҳод мешаванд, гузашту иловаҳо мувофиқи созишномаи тарафҳо таъин мегардад;
е) нарх дар аҳдномаҳо барои моли нақд аз рўи вазни холиси мол (нетто) ё вазни мол бо қуттияш (брутто) таъин мегардад;
ж) вобаста ба тақсими хароҷоти нақлиёт аҳдномаҳо бо моли нақд бо нархи "франке" - шаҳри Биржа ё макони дигари доду гирифти мол амали мегарданд.
Муайян намудани нархҳо бо шарти "франке" чунин маъно дорад, ки ҳамлу нақли моли харидашуда то макони таъиншуда бояд аз ҳисоби фурўшанда пардохта шавад. Шарти расондани мол дар муоҳидаҳои типии биржави муайян карда мешаванд. Дар доираи мазкур нархҳои "сиф", "фоб" ва нархҳои дигаре, ки системам "Инкотермс" пешбини намудааст, истифода мешаванд.
з) ҳангоми бастани аҳднома ба моли оянда бо назардошти вақти молфиристони ҳар як тараф ҳуқуқ дорад, ки аз вақти бастани аҳднома то вақти муайян кардани Биржа нисбати мўҳлати иҷрои он ба Биржа мувофиқи нархҳои амалкунанда моли худро фурўшад, агар шарти дигаре ба инобат гирифта нашуда бошад:
аҳднома оид ба фурўши муоҳидаи яке аз тарафҳо бояд ҳатман дар Биржа ба қайд гирифта шавад ва бо қайди супориш қонуни гардад;
и) хароҷоти нигоҳ доштани молро дар иморатҳое, ки ба Биржа мансубанд, то фурўхта шуданаш фурўшанда мепардозад ва баъди фурўши мол, агар шарти дигареро муоҳида ба инобат нагирифта бошад, харидор мепардозад;
к) барои таъмини боэътимодии ҳисобу китоб аз рўи аҳдномаҳо бо моли нақд ҳар ду тараф ҳангоми бақайдгирии аҳднома ба Палатаи ҳисоби ҳаққи амонатро, ки ҳаҷми онро Биржа дар ҳаҷми фоиз аз арзиши аҳднома муқаррар кардааст, мепардозанд.
л) агар Биржа иморатҳои дахлдор дошта бошад, фурўшанда молеро, ки мувофиқи муоҳида барои супоридан муқаррар шудааст, ба замонат мемонад;
м) ҳангоми тағйир ёфтани конъюнктура ва нисбати мизоҷон беэътимод ҳаҷми ҳаққи замонат бо қарори кумитаи Биржа (Шўрои директорон) зиёд шуда метавонад;
н) ҳаққи пулии замонати фурўшанда баъди ба иҷро расидани аҳднома (супурдани мол ё додани ҳуҷҷатҳои тақсимкунандаи мол) ба ў баргардонда мешавад.
Ҳаққи замонати харидор ҳангоми сурат гирифтани ҳисобу китоби охирин оид ба аҳднома бо фурўшанда ба нисбат гирифта мешавад. Дар ҳолати амали нагардидани аҳднома ҳаққи замонати ба харидор баргардонда мешавад.
Дар баробари ин ҳаққи суғурта мувофиқи қарори Ҳакамияти Биржа метавонад ба мақсадҳои зерин истифода шавад:
барои пўшондани хароҷоте, ки дар натиҷаи муоҳидаро иҷро накардани яке аз тарафҳо ба вуҷуд меояд;
баробар кардани фарқи байни нархҳое, ки дар натиҷаи бекор гардидани муоҳида ба вуҷуд меояд;
додани ҷаримаи аҳдшикани;
додани ҷарима;
о) дар ҳолате, ки яке аз тарафҳо маблағи замонатро дар вақташ напардозад, Ҳакамияти Биржа ба дидани чорабиниҳо оиди барҳам додани аҳднома ҳуқуқ дорад.
47. Аҳдномаҳои мўҳлатнок (фючери);
а) аҳдномаҳои мўҳлатнок одатан на бо мақсади хариду фурўши мол, балки баҳри суғуртаи аҳднома бо моли нақд ё дар рафти аз нав фурўхтан ё баъди бекор шудани аҳднома гирифтани фарқияте, ки дар рафти тағйири нарх ба вуҷуд меояд, баста мешаванд;
б) аҳдномаҳои мўҳлатнокро аъзоёни Биржа мувофиқи тартиби муқарраркардаи Биржа барои доираи муайяни молҳо баста метавонанд. Қабул кардани молҳоро ба муомилоти Биржаи мўҳлатнок қоидаҳои Биржа муайян мекунанд;
в) аҳдномаҳои мўҳлатнок аз рўи шартҳои стандартие, ки Биржа таҳия намудааст, баста мешаванд ва бар хилофи он танҳо дар ҳолатҳое, ки қонун иҷозат додааст, амал кардан мумкнн аст.
Шартҳои типиро Биржа барои ҳар як навъи моле, ки ба муомилоти фаврии Биржа қабул шудааст, муқаррар мекунад;
г) муоҳидаи стандарти объекти аҳдномаи мўҳлатнок мебошад, ки он бо назардошти миқдори муайяни моли дорои сифати миёнаи аз меъёр на он қадар дур ва бо шарти муайяни пардохти хароҷоти нақлиёт (одатан бо шарти ,франко,-шаҳр-анбори Биржа) фиристода мешавад. Аҳдномаҳои мўҳлатнок фақат аз рўи миқдори мол, воҳиди мухтассари муқарраршудаи аҳднома, яъне аз рўи миқдори муайяни муоҳидаҳои стандарти баста мешаванд;
д) аҳдномаҳои мўҳлатнок мувофиқи нархҳои муқарраркардаи моддаи 45, банди 2-юми фасли мазкури Қонун бекор шуда метавонанд;
е) ҳангоми супурдани моле, ки аз рўи сифаташ ба моли асосии муоҳидаи типи мувофиқ нест, фурўшанда ба нархи ҳисоботи муоҳида гузашт - иловаро пешниҳод мекунад ё мегирад. Гузашт ва иловаҳоро Биржа нисбати тамоми молҳое, ки ба муомилоти мўҳлатноки (фючерии) Биржа роҳ дода шудаанд, муқаррар мекунад;
ж) мўҳлати бекоркуниро оид ба аҳдномаи мўҳлатнок бо ризоияти тарафҳо дар асоси мўҳлатҳои типие, ки Биржа барои ҳар як муоҳидаи типи муқаррар кардааст, муайян менамояд.
Мўҳлати бекоркуни ҳамчун давраи муайяни вақт барои оянда (моҳи муайян, даҳаи муайяни моҳ ва ғ.) муқаррар карда мешавад.
Аз мўҳлати муайянкардаи Биржа то фаро расидани мўҳлати бекоркуни аҳдномаҳои мўҳлатнок дар марҳалаи мазкур аз эътибор соқит дониста мешаванд;
з) ҳангоми гузаронидани амалиёт дар Биржаи мўҳлатнок (фючери) қоидаҳои Биржа ҳаҷм, мўҳлату тартиби гузаронидани ҳаққи аъзогии ибтидои ба Палатаи ҳисоби ва дар ҳолати ҳаракати номақбули нарх ҳаққи замонати муқаррар мегардад.
48. Ташкили савдо ва тартиби бастани аҳдномаҳо дар сексияҳо оид ба амалиёти бартериро қоидаҳои Биржа муайяи мекунанд.
49. Тартиби фурўши молҳо (муоҳидаҳо)-ро тавассути музоида (ауксион) Низомномаи дахлдор муайян мекунад.
ФАСЛИ Х. ТАРТИБИ ПЕШБУРДИ САВДОИ БИРЖАВИ
50. Танҳо аъзоёни Биржа ва намояндагони ваколатдори онҳо, инчунин брокерҳои расмии Биржа ҳақ доранд, ки ҳамчун миёнаравиро Биржа амал карда, дар Биржа амалиётҳои миёнаравиро ба ҷо оранд.
51. Ҳаҷми подоши комиссиониро барои амалиёти миёнарави қодаҳои Биржа муайян мекунанд.
52. Савдои биржави дар асоси Регламенти Биржа дар шакли хариду фурўши ошкоро аз рўи чунин принсип сурат мегирад: касе, ки ба таклиф ҷавоби мусбат диҳад, яке аз тарафҳои аҳднома дониста мешавад.
53. Таклифҳою ҷавобҳои пешниҳодшударо бақайдгирандаи расми сабт мекунад ва он ба маълумоти аҳли Биржа тавассути таблои ахбори расонда мешавад.
54. Аҳднома аз лаҳзаи аз тарафи бақайдгирандаи биржави дар асоси арзи шифоҳии тарафҳо бо роҳи сабти он дар китоб (карточка)-и бақайдгири ё шаклҳои дигари ҷабҳаҳои асосии аҳднома ба қайд гирифта шуданаш басташуда дониста мешавад. Қатъияи ба расмият даровардани аҳднома мувофиқи қоидаҳои Биржа сурат мегирад.
55. Дар ҳолате, ки яке аз тарафҳо аз бастани муоҳида даст кашад, он гоҳ амали ў ҳамчун вайрон кардани муоҳида қаламдод мешавад ва нисбати ў мувофиқи қоидаҳои Биржа бо қарори намояндаи кумитаи Биржа (Шўрои директорон) чораҳои муайяни ҷазо татбиқ мешаванд.
56. Аҳдномае, ки дар китоб (карточка)-и бақайдгири ва дар шакли дигар сабт шудааст, эътибори юридики дорад ва танҳо бо тартиби муқарраршуда бекор карда мешавад.
57. Дар Биржа чунин аъмол манъ карда мешанад:
бастани аҳдномаҳои доманадор, хариду фурўши мол (муоҳидаҳо) бевосита аз тарафи як шахс ё тавассути шахсони дигар, ки мақсадашон таъсир расондан ба ҷараёни нарх мебошад;
тамоми амалиёти мувофиқатшудаи иштироккунандагони савдои биржави, ки мақсаду нияташон тағйир додану ба қайд гирифтани нархҳои ҷории биржави мебошад;
паҳн карданн овозаҳои бардуруғе, ки боиси тағйироти сунъии вазъият мегарданд.
Бо таҳқиқу пешгири кардани чунин амалиёт Кумитаи оид ба қоидаҳои савдои биржави машғул мешавад.
ФАСЛИ ХI. ТАРТИБИ БЕКОР КАРДАНИ АҲДНОМАҲО
58. Тартиби иҷроишу бекор кардани навъҳои мухталифи аҳдномаҳо, оқибати пурра ё қисман иҷро нашудани муоҳидаҳоро қоидаҳои Биржа муайян мекунанд.
59. Ҳисобу китоб аз рўи аҳднома бо моли воқеи бо тартиби маъмул сурат гирифта метавонад. Ҳисобу китоб аз рўи аҳдномаҳои мўҳлатнок (фючери) танҳо ба воситаи Пардохти ҳисобии Биржа сурат мегирад.
60. Прдохти ҳисоби назоратро аз болои бекоркуни ва иҷроиши муоҳидаҳо амали мегардонад.
ФАСЛИ ХII. ТАРТИБИ ҲАЛЛИ БАҲСҲО
61. Баҳсҳои дорои хусусияти техники, ки онҳоро қоидаҳои Биржа пешбини намудаанд, тавассути Ҳакамияти Биржа ҳал мешаванд. Он барои ҳалли масъалаҳои мазкур коллегияи ҳаками (суди ҳаками)-ро ташкил мекунад.
62. Тартиби муроҷиат ба Ҳакамияти Биржа, мунтазамии ҳалли баҳсҳои биржавиро қоидаҳои Биржа ва Низомнома "Дар бораи Ҳакамияти Биржа ва тартиби ҳалли баҳсҳои биржави", ки маҷлиси умумии аъзоёни Биржа тасдиқ намудааст, муайян мекунанд.
63. Иҷрои қарорҳои Ҳакамияти Биржа барои тамоми аъзоёни Биржа ҳатмист.
64. Аъзоённ Биржа аз ҳалли баҳсҳо дар Ҳакамияти Биржа саркаши карда наметавонанд.
ФАСЛИ ХIII. ЧОРАҲОИ ҶАЗО БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ ҚОИДАҲОИ САВДОИ БИРЖАВИ
65. Намояндаи Кумитаи Биржа (Шўрои директорон) ҳуқуқ дорад, ки барои вайрон кардани қоидаҳои савдои биржави ба иштирокчиёни ҷамъомади биржави чораҳои зерини ҷазоро раво бинад:
дар ҳаҷми муқарраркардаи Биржа ҷарима ситонад;
гунаҳкорро аз ҷамъомади биржави ронад;
гунаҳкорро аз ҳуқуқи гузаронидани амалиёти биржави дар Биржаи мазкур муваққатан ё доими маҳрум созад;
гунаҳкорро аз ҳуқуқи фурўхтани мол дар ҷамъомади биржавии мазкур маҳрум созад;
пасгардондани замонатро нигоҳ дорад;
молҳоеро, ки дар иморатҳои Биржа маҳфузанд, тавқиф кунад.
ФАСЛИ ХIV. ҚАТЬ ГАРДИДАНИ ФАЪОЛИЯТИ БИРЖА
66. Биржа фаъолияташро мувофиқи қарори маҷлиси умумии аъзоёни Биржа қатъ карда метавонад. Биржа дар асоси ҳалномаи суди иқтисоди дар мавридҳои нуқтаҳои Қонуни мазкур ва қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон карданаш барҳам хурда метавонад (Қонун аз 15.05.97с. № 421).
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. НАБИЕВ
ш. Душанбе 
 23 декабри соли 1991 № 452