ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1533 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ Маҷлиси Олии ҶТ 17.05.2018 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1506 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҒАЛЛА ВА МАҲСУЛОТИ КОРКАРДИ ОН Маҷлиси Олии ҶТ 21.02.2018 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1505 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ ДАР СОҲАҲОИ ИСТЕҲСОЛӢ Маҷлиси Олии ҶТ 21.02.2018 Аз эътибор соқитшуда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ДАР БОРАИ АЛОҚАИ БАРҚӢ

-A A +A
Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар Санаи интишор: Дшб, 27/01/2020 - 11:35
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
56
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Аз эътибор соқитшуда
Сана: 
10.05.2002
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Дар бораи алоқаи барқӣ
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002,№4, қ. 2, мод. 323; с. 2006, №3, мод. 156;
с. 2008, №3, мод. 198, №12, қ. 2, мод. 996; с. 2013, №12, мод. 891; с. 2015, №12, қ. 1, мод. 1117; с. 2016, №3, мод. 154; Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 с., №1401)
 
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии танзим ва идоракунии фаъолият дар соҳаи бунёд, амал ва рушди алокаи барқрро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқaррар намуда, салоҳияти мақомоти идораи давлатӣ ва танзими соҳаи мазкур, инчунин ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, ки дар ин кор иштирок мекунанд ё аз хизмати алоқаи барқӣ истифода мебаранд, муайян мекунад.
 
БОБИ I.
МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
 
Моддаи 1. Таъиноти алоқаи барқӣ
 
Алоқaи барқӣ қисми ҷудонопазири инфраструктураи иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва дар қаламрави он чун ҷузъи ба ҳам алоқаманди комплекси истеҳсолию хоҷагӣ, ки барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷот ва талаботи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идори ба хизмати алоқаи барқӣ нигаронида шудааст, амал мекунад.
 
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
 
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
«алоқаи барқӣ» - ҳар навъи интиқол ё қабули нишонҳo, ишоратҳо, матни хаттӣ, тасвирҳо, овозҳо ё ҳар намуди иттилоот тавассути симҳо, радиооптика ё системаҳои дигари электромагнитӣ;
«шабакаи алоқаи барқӣ» - системаҳои интиқол ва таҷҳизоти коммутатсионӣ ё самти интиқол ва дигар манбаъҳое, ки ба воситаи симҳо, радио, воситаҳои оптикӣ ё дигари электронӣ, аз ҷумла шабакоти радифӣ, шабакаҳои қайдшуда (коммутатсияи хати алоқа ва покатӣ, ҳамзамон Интернет ва 1Р-телефонӣ) ва сайёри заминӣ, шабакаҳои барои радиошунавонӣ ва телевизион истифодашаванда, ҳамчунин шабакаҳои кабелӣ, ки новобаста аз намуди иттилооти интиқолшаванда ишоратҳоро таҳвил медиҳанд;
«хизматрасонии алоқаи барқӣ» - маҳсули фаъолияти оператор ва провайдер оид ба қабул, интиқол, коркарди ишоратҳо ва дигар намудҳои иттилоот тавассути шабакаҳои алоқаи барқӣ;
«таҷҳизоти ниҳоӣ» - воситаҳои техникӣ ё дастгоҳҳое, ки тавассути хати абонентӣ ё бо истифода аз таҷҳизоти симӣ, оптикию нахӣ ва электромагнитӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ пайвастшуда, ки истифодабаранда бо ёрии онҳо метавонад иттилоотро интиқол диҳад, дигаргун созад ё қабул кунад;
«пайвандкунии байнишабакавӣ» - амали мутақобилаи технологии байни шабакоти алоқаи барқии операторони гуногуни алоқаи барқӣ, ки қабулу .интиқоли иттилоотро дар байни истифодабарандагон таъмин менамояд;
«таҷҳизоти радио» - таҷҳизоти барқии интиқолкунанда ё қабулкунандае, ки ба воситаи он интиқоли иттилоот бе ягон хати алоқаи сими ба амал бароварда мешавад;
«спектри радиобасомад» - маҷмӯи мавҷҳои электромагнитии (радиомавҷҳо бо зудии дар худуди аз ЗкГс то 3000 ГГс) дар фазо бе истифода аз мавҷбари сунъӣ паҳншаванда, ки ҳангоми ташкили радиоалоқа, эфири телевизионӣ ва радиошунавонӣ ва дигар мавридҳои интиқоли ишоратҳои барқӣ бе пайваcти ҷисмӣ истифода карда мешаванд;
«воситаҳои алоқа» - дастгоҳҳои техники, таҷҳизот, иншоот ва системаҳое, ки барои ташаккул, коркард, интиқол, қабул ва коммутатсияи ишоратҳои электромагнитӣ ва оптикӣ истифода карда мешаванд;
«оператори шабакаи алоқаи барқӣ» - шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки соҳиби шабакаи алоқаи барқӣ буда, кору амал, рӯшди онро таъмин менамояд ва хизмати алоқаи барқиро ба ҷо меорад;
«провайдери хизмати алоқаи барқӣ» - шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки дар асосҳои тиҷоратӣ ба воситаи шабакаи операторон ба истифодабарандагон хизмати алоқаи барқӣ мерасонанд:
«хизмати универсалӣ» - маҷмӯи хизмати алоқаи барқии истифодаи умум, ки ба ҳама гуруздаи истифодабарандагон, аз ҷумла ҳуқуқӣ дастрас будан ба хизмати алоқаи телефонӣ ва телеграф, хизмати иттилооти ва справқадиҳӣ, хизмати телефонҳои худкори истифодаи умум барои таҳдили бепули зангҳо ба ҳадамоти садамавӣ расонида мешавад;
«истифодабарандаи хизмати алоқаи барқӣ» - шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ, ки аз хизмати алоқаи барқии истифодаи умум истифода мебарад ва ё пурсищ ба амал меоварад;
«шабакаи алоқаи ҳукуматӣ» - шабакаи махсуеи алоқа, ки таҳвили маълумоти дороӣ сирри давлатиро таъмин менамояд ва ба манфиати идории давлат дар замени осоишта ва ҳолати ҷангӣ фаъолият мекунад;
«симкорт» - модули ҳаммонандсозӣ (идентификатсионӣ) буда, дар хотираи он иттилоот дар бораи хизматрасонӣ, маълумоти муайянкунандаи истифодабарандаи хизмати алоқаи барқӣ ҷойгир карда шуда, пешниҳоди хизматрасонии оператори шабакаи алоқаи барқиро таъмин менамояд;
«ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шахси воқеӣ ва ё ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқӣ» - ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда ҳангоми пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ барои шахси воқеӣ шиноснома - (барои шахсони бешаҳрванд - шаҳодатномаи бақайдгирӣ) ва барои шахсони ҳуқуқӣ шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ мебошанд; (ҚҶТ аз 28.12.13с., №1047)
«системаи рақамгузорӣ» - тартиби тақсим ва рақамгузорӣ (моc кардани рақамҳо ё нишонҳо) байни операторон, провайдерҳо ва таҷҳизоти ниҳоии истифодабарандагон;
«системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ» - маҷмӯи таҷҳизот ва барномаҳои дорои маълумоти идентификатори байналмилалии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ, ки бақайдгирии идентификаторҳои истифодашаванда, шинохтани идентификаторҳои нав, муқоисаи онҳо ва кори воситаҳои мобилии идентификаторашон бақайдгирифташудаи ба шабакаи алоқаи барқӣ пайвастро таъмин менамоянд;  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1401)
«плани рақамгузорӣ» - рақамгузории мушаххаси байни операторон, провайдерҳо ва таҷҳизоти ниҳоии истифодабарандагон.
 
Моддаи 3. Принсипҳои фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ
 
Фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ мутобиқи принсипҳои зерин ба амал бароварда мешавад:
- ба ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ баробар дастрас будани   инфраструктураи ҳозиразамону самаранок ва хизматрасонии алоқаи барқӣ;
- мусоидат ба рақобати самаранок ва озод дар бозори алоқаи барқӣ ба манфиати истифодабарандагон;
- муҳайё кардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорони хориҷӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ;
- фароҳам овардани шароит нисбати дастрас будани шабакоти истифодаи умумӣ ва пайвандҳои байнишабакотӣ, ки кафолати холисона, ошкоро, роҳ надодан ба поймолкунии ҳуқуқ, таъмини шароитҳои баробар дар бозор ва имконияти алоқаро байни истифодабарандагон медиҳад;
- мусоидат ба расонидани хизматҳои анъанавии боэътимод ва баландсифати алоқаи барқӣ,
- ҷорӣ намудани шаклҳои нави хизматрасони ва таъмини мутобиқати шабақаҳои алоқаи барқӣ бо шабакаҳои байналмилалии алоқaи барқӣ;
- муҳайё кардани хизматрасонии универсалии алоқа дар каламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти ҳусуеиятҳо ва шароитҳои миллӣ;
- маҳфуз доштани ахбороти исгифодабарандагон аз тарафи операторони шабакаҳои алоқаи барқӣ;
- дастрас будани шабакаҳои алоқаи барқӣ дар вазъиятҳои фавкулодда ва барои иҷрои вазифаҳо дар соҳаи идоракунии давлатӣ, таъмини мудофиа ва амниятӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ.
 
Моддаи 4. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи алоқаи барқӣ
 
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи алоқаи барқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1401)
 
БОБИ II.
 ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ АЛОҚАИ БАРҚӢ
 
Моддаи 5. Идоракунии давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ
 
Идоракунии давлатии фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ ва радиобасомадҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ ба амал мебароранд.
 
Моддаи 6. Ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳрии Тоҷикистои
 
Ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи алоқаи барқӣ:
- гузаронидани сиёсати давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ;
- фароҳам овардани шароити зарурӣ барои ҷалби инвеститсияҳо;
- таҳия ва ба амал баровардани барномаи ғайриинхисорӣ ва хусусигардонӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ;
- тасдиқи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он;    (ҚҶТ аз 25.12.15с., №1271)
- тасдиқи Тартиби хизматрасонӣ ва истифодабарии алоқаи радифӣ; (ҚҶТ аз 25.12.15с., №1271)
- тасдиқи Тартиби бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ва муайян намудани вазифаҳои системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ;  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1401)
- тасдиқи номгӯи намудҳои хизмати универсалӣ.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикиетон ваколати танзими фаъолиятро дар соҳаи алоқаи барқӣ ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ ва дигар мақомоти ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияте, ки Қонуни мазкур ба онҳо додааст, вомегузорад.
 
Моддаи 7. Ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ
 
Ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ ваколатҳои асосии зерин дода шудааст:
- таҳияи сиёсати ягона дар соҳаи алоқаи барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи принсипҳое, ки дар Қонуни мазкур ифода ёфтаанд;
- татбиқи сиёсати мазкур ба мақсади вусъати фароғирӣ бо хизмати алоқаи барқӣ барои таъмини эҳтиёҷоти рушди иқтисодӣ ва ичтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, инчунин стандартҳо, меъёрҳо ва қоидаҳои баамалбарории фаъолият Дар соҳаи алоқаи барқӣ тибқи тартиби муқарраршуда;
- муҳайё кардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузории хориҷӣ ва ватанӣ ба соҳаи алоқаи барқӣ ва ба вуҷуд овардани муҳити рақобат барои операторон ва провайдерҳо бо мақсади таъмини даcтрас будани шаклҳои нисбатан пешқадaми хизматрасонии алоқаи барқӣ барои истифодабарандагон;
- бурдани гуфтугуҳо оид ба масъалаҳои алоқаи барқӣ бо давлатҳо ва ҳукуматҳои дигар, инчунин бастани шартномаҳо дар сурати додани ваколатҳои дахлдор;
- ба амал баровардани фаъолият дар доираи ташкилотҳои минтакавӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ ба сифати маъмурияти алоқаи ягона;
- иҷрои дигар вазифаҳое, ки мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар cанадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба ӯҳдаи он гузошга шудааст.
 
БОБИ Ш.
ТАНЗИМКУНӢ ДАР СОҲАИ АЛОҚАИ БАРҚӢ
 
Моддаи 8. Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ
 
Назорат ва танзими фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ ба амал бароварда мешавад.
Таъсисдиҳӣ, вазъи ҳуқуқӣ ва сохтори ташкилии мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
(ҚҶТ аз 20.03.08 с., №379)
 
Моддаи 9. Вазифаҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ
 
Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ дар доираи ваколатҳои худ мутобиқи Қонуни мазкур вазифаҳои зеринро ба амал мебарорад:
- рақобати озоди (самаранок ва одилонаи) байни операторони алоқаи барқиро, аз ҷумла ба тариқи тасдиқи қоида ва дастурҳои дахлдор назорат ва танзим менамояд;
- ба ҳамаи истифодабарандагон баробар дастрас будани шабақоти алоқаи барқии иcтифодаи умумро дар асоси хизматрасонии хушсифат ва риояи маҳфузияти ахборот, инчунин ҳифзи сирри маълумоти хусусиро дар бораи истифодабарандагон таъмин менамояд;
- ба хотири мудофиа ва амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва дар вазъиятҳои фавкулодда иҷрои ӯҳдадориҳоеро, ки ба операторони алоқаи барқии иcтифодаи умум гузошта шудаанд, таъмин менамояд;
- ҳолат ва инкишофи шабакоти алоқаи барқии иетифодаи умум ва хизматрасонии алоқаи барқии иетифодаи умумро назорат мекунад;
- ба иcтифодаи радиобасомадҳо дар диапазонҳое, ки бо истифода аз онҳо операторон ва провайдерон хизмати алоқаи барқиро мерасонанд, иҷозат медиҳад ва онҳоро танзим менамояд;
- риояи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ, хизматрасониҳо ва истифодабарии он, инчунин хизматрасонӣ ва истифодабарии алоқаи радифиро санҷиш ва назорат намуда, ҷиҳати иҷрои талаботи муқарраргардида чораҳои дахлдор меандешад; (ҚҶТ аз 25.12.15с., №1271)
- нақшаи рақамгузории миллии алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз он ҷумла рамзҳои байнишаҳpӣ ва байналмилалӣ)-ро тартиб медиҳад ва назорати иҷрои онро ба амал мебарорад, иcтифодаи самараноки рақамҳо, инчунин ҷудо кардани рақамҳо ё диапазонноӣ рақамҳоро ба операторони алоқаи барқӣ таъмин менамояд;
-сифати хизматҳои алоқаи барқии расонидашаванда ва ҳолати техникии воситаҳои алоқаи барқиро зери назорат мегирад.
 
Моддаи 10. Ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ
 
Барои ба амал баровардани вазифаҳои худ ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ ваколатҳои зерин дода мешаванд:
- гузаронидани сертификатсия, додани сертификати мутобиқат ба таҷҳизот ва хизмати алоқаи барқӣ (ё тартиби иcтифодаи сертификата давлатҳои дигар), инчунин ба дигар воситаҳои техники, радиобасомадҳои шуоъафкан ё манбаи мавҷҳои баландбасомади электромагнитие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд;
- якҷоя бо мақоми давлатии сиёсати зиддиинҳиеорӣ андешидани тадбирҳои гирифтани пеши роҳи фаъолияте, ки ба муқобили рақобат дар соҳаи алоқаи барқӣ равон карда шудааст;
- танзими  сифати хизматрасонии шабақаҳои алоқаи барқӣ мувофиқи муқаррароти Қонуни мазкур;
- танзими шароити иcтифодаи якҷояи (пайвандҳои байнишабақотии) шабакоти алоқаи барқии иcтифодаи умум аз тарафи операторони алоқаи барқӣ;
 - назорати риояи талаботи стандартҳо, қоидақо, асноди меъёрӣ ва иҷрои шартҳои иҷозатномаи додашуда;
- ҷамъоварӣ ва таъмини маҳфузияти иттилооти ба дастомада дар мавридҳои зарурӣ, ирсоли натиҷаҳои санҷиш ва дигар маводи марбут ба онҳо бо тартиби муайяннамудаи қонун ба мақомоти дахлдор;                             
- ба амал баровардани назорати мувофиқати фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба истифодабарии басомадҳо иҷозат гирифтаанд, ба муқаррароти ин иҷозатномаҳо, ошкор ва бартараф кардани ишоратҳо ва радиохалалҳои беиҷозат;
- ба вуҷуд овардан, инкишоф додан ва истифодаи системаи давлатии назорати радио, ки системаи ба ҳам алоқаманди воситаҳои техникии назорати радиоӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба гузаронидани ченкунии умумии истифодаи каналҳо ва қитъаи радиобасомадҳо, тафтиши сифати техникӣ ва истифодабарии радиоишоратҳои интиқолшаванда, ошкор ва фарқ кардани радиофиристониҳои беиҷозат ва манбаъҳои шуоъафкании баландбасомади электромагнитӣ, радиохалалҳо имконият медиҳад; (ҚҶТ аз 20.03.08 с., № 379)
- қабул, нашр ва назорати иҷрои лозимаи қоидаҳо, нишондодҳои методӣ, дастурамалҳо ва дигар санадҳое, ки барои ба амал баровардани ваколати худ заруранд;
(ҚҶТ аз 25.12.15с., №1271)
- муқаррар кардани тартиби мушаххаси ҳалли ихтилофҳое, ки байни операторони алоқаи барқӣ, инчунин операторони алоқаи барқӣ ва истифодабарандагони хизмати алоқаи барқӣ рӯй медиҳанд;
- иҷрои дигар вазифаҳо ва ваколатҳо мутобиқи Қонуни мазкур ё дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Қарорҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ барои ҳамаи cубъектҳои танзимшаванда дар соҳаи алоқаи барқӣ сарфи назар аз шакли моликияташон хатмӣ мебошанд.
 
Моддаи 11. бо ҚҶТ аз 20.03.08 с., №379 хориҷ карда шуд
 
Моддаи 12. Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Бо мақсади тарҳрезӣ ва татбиқи сиёсати ягона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тақсим ва истифода аз спектрҳои радиобасомад, таъмини мутобиқати электромагнитии воситаҳои радиоэлектронии ҳамаи истифодабарандагон ва ҳифзи ҳуқуқии манфиатҳои давлат дар Иттифоқи байналмилалии алоқаи барқӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода мешавад.
Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси Низомномае, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, ба роҳ мемонад.
 
Моддаи 13. Вазифаҳои Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои зеринро амалӣ мегардонад:
- банақщагирии истифодаи самаранок ва беҳалал аз спектри радиобасомадҳои ҷамъиятӣ, ба шумули истифодаи хусусии онҳо;
- ба вуҷуд овардани Нақщаи миллии тақсими радиобасомадҳо;
- ҳамоҳангсозии насби ҳама намудҳои радиостансияҳо дар каламрави ҷумҳурӣ бо мақсади истифодаи оқилонаи мавқеъҳои мавҷуда;
- таҳияи тавсияҳо ва тартиби истифода аз спектри радиобасомад;
- тархрезии консепсияи дарозмуддати инкишофи системаи спектри радиобаеомад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳияи мавқеъ ва мусоидат кардан дар мавриди намояндагӣ аз манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гуфтушунидҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои спектрҳои радиобасомад.
Қарорҳо дар нисбати насби радиоетансияҳо танҳо бо ризояти Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон қабул карда мешаванд.
 
Моддаи 14. Ҳуқуқҳои Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад:
- қарорҳои пештар қабулкардаи Комиссияи давлатиро оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурми Тоҷикистон дар бораи тақсими басомадҳо беқор кунад;
- манъ кардани истифода аз радиобасомадҳо дар каламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати вайрон кардани тартибе, ки барои истифодаи онҳо муқаррар шудааст;
- бекор ё манъ кардани таҳия ва истеҳсоли дастгоҳҳо ва воситаҳои радио, ки ба талаботи муқарраркардаи техники ҷавобгӯ нестанд.
 
Моддаи 15. Танзими истифодаи спектрҳои радиобасомад
 
Спектри радиобасомад моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тартиби танзими истифодаи спектри радиобасомад аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Истифода аз спектри радиобасомад бо мақсади истифодабарӣ аз шабакаҳои алоқаи барқӣ ва расонидани хизмати алоқаи барқӣ аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси иҷозатномаи дахлдор мутобиқи Нақшаи миллии тақсимоти радиобасомадҳо амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 20.03.08 с., №379)
Иҷозатнома ба истифода аз спектри радиобасомад ҳамзамон бо иҷозатномаи мувофиқ ба оператори алоқаи барқӣ дода мешавад. Иҷозатномаи иcтифодаи спектри радиобасомад ба ҳамон меҳлате дода мешавад, ки барои иҷозатномаи истифодабари аз шабакоти алоқаи барқӣ, расонидани хизмати алоқаи барқӣ, интиқоли маълумот пешбинӣ гардидааст.
Спектри радиобасомад дар асоси пули дода мещавад.
Андоза ва тартиби пардохти подош барои спектрҳои радиобасомади азхудкардашударо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Ҳама гуна восигаҳои техникие, ки шуоъафканиҳои радиобасомади медиҳанд ё манбаи мавҷҳои баландбасомади электромагнита мебошанд, мувофиқи тартиби муқарраркардаи Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд.
Радиобасомадҳои гирифташудаи истифодабарандагон метавонанд аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ танҳо дар ҳолатҳои зерин бекор ё тағйир дода шаванд, дигаргун ё аз нав тақсим гарданд:
- вақте ки чунин амалро манфиати таъмини мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ё вазъияти фавкулодда тақозо мекунад ва он танҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мувофиқи созишномаpҳои байналмилалӣ ба амал бароварда мешавад;
- бо тавсияи ташкилотҳои байналмилалӣ дар соҳаи иcтифодаи радиобасомадҳо ё ки ба мақсади иcтифодаи пурраи спектри радиобасомадҳо;
- агар чунин истифодабарандагон сари вақт иҷозати иcтифодаи спектри дигари клёспазирро гирифта бошанд.
Дар ин ҳолат хароҷотҳои операторони алоқаи барқӣ ба муносибати гузариши фавкулодда ба басомадҳои дигар дар натиҷаи татбиқи нишондодҳои қисми шашуми моддаи мазкур аз тарафи давлат ҷуброн карда мешавад.
 
БОБИ IV.
ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ ВА СЕРТИФИКАТСИЯ
 
Моддаи 16. Иҷозатиомадиҳӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ
 
Иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи   иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» амалӣ карда мешавад:
- амалӣ гардонидани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти операторони гуногуни алоқаи барқӣ дар бозор барои таъмини ҳамкории мутақобилаи онҳо ва бо шабақоти алоқаи барқии истифодаи умум;
- мусоидат ба фаъолияти ғайриинҳисорӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ, инкишофи либерализатсияи бозори хизмати алоқаи барқӣ, рушди соҳибкорӣ ва рақобати озод;
- ҷалб кардани сармояи хориҷӣ барои инкишофи соха;
- таъмини сатхи баланди сифати хизмати алоқа.
Иҷозатномаҳо барои ба амал баровардани намуди муайяни фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ умумӣ ё инфиродӣ шуда метавонанд.
Ба иҷозатномаҳои умумӣ иҷозатномае дохил мешаванд, ки ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои баамалбарории фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ дар асоси талаботи ягона барои гирифтани иҷозатнома дода мешаванд. Мундариҷаи иҷозатномаҳои умумӣ барои ҳамаи иҷозатномаҳое, ки ки барои истифодабарии ҳамон як навъи щабақаи алоқа, инчунин барои ҳамон як навъи хизматрасонии алоқа дода мешаванд, бояд якхела бошанд.
Ба иҷозатномаҳои инфиродӣ иҷозатномае мансубанд, ки ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои баамалбарории фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ дар асоси талаботу шартҳои махсус дода шудаанд. Лоиҳакашӣ, сохтмон, истифодабари ва расонидани хизмати алоқаи барқии зерин бояд таҳти иҷозатномадиҳии инфиродӣ қарор гиранд:
- шабакоти алоқаи барқии иcтифодаи умумии маҳаллӣ, байнишаҳрӣ ва байналмилалӣ;
- шабакоти алоқаи мутаҳаррики радиотелефонӣ (алоқаи сайёри кандуӣ);
- шабакоти радиодаъвати шахсӣ;
- шабакоти интиқоли маълумот;
  • шабакоти пахши барномахои телевизион ва радиошунавонӣ.
Ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба гирифтани иҷозатнома ҳуқуқӣ баробар доранд. Бо сабаби маҳдудиятҳои техники ё маҳдудияти миқдори басомад, ё дар сурати имконияти техники ва молияви надоштани аризадиҳанда барои иҷрои муътадили ӯҳдадориҳои худ мувофиқи шартҳое, ки ваӣ фаъолияти худро амалӣ мекунад, мумкин аст иҷозатнома дода нашавад.
Агар миқдори иҷозатномҳо бо сабабҳои техникӣ маҳдуд бошад, додани иҷозатномаҳо дар асоси озмун (тендер) ба амал бароварда мешавад. Тартиби гузаронидани озмун (тендер)-ҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
 
Моддаи 17. Сертификатсияи таҷҳизот
 
Ҳамаи воситаҳои алоқaи барқӣ, аз ҷумла таҷизоти ниҳоии дар шабакоти алоқаи барқии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодашаванда ҷиҳати мувофиқат ба стандартҳои ҷоpӣ, шартҳои техники ва дигар меъёрҳо, аз ҷумла стандартҳои байналмилалӣ ва миллии мамлакатҳои дигар мувофиқд тартиби муқарраршуда дар асоси шартномаҳои дуҷонибаи эътирофи сертификатсияҳо мавриди сертификатсия қарор мегиранд.
Сертификатсияи воситаҳои алоқаи барқӣ ё тартиби истифодаи сертификатҳои мамлакатҳои дигар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ ба амал бароварда мешавад.
 
БОБИ V.
ФАЪОЛИЯТ ДАР СОҲАИ АЛОҚАИ БАРҚӢ
 
Моддаи 18. Ҳуқуқҳои операторон ва провайдсрони хизмати алоқаи барқӣ
                   (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1401)   
 
Операторон ва провайдерон  ҳуқук, доранд:
- дар сурати аз ҷониби истифодабарандагон вайрон кардани қоидаҳои муқарраргардидаи истифодаи алоқаи барқӣ хизматрасониро ба онҳо боздоранд;
- ҷуброни зарареро, ки бо айби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ рӯӣ медиҳад, талаб кунанд;
- нисбат ба амали ғайриқонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мувофиқи  қонунгузорӣ арз кунанд.
Операторон ва провайдерон мувофиқи қонунгузорӣ ҳуқуқҳои дигарро низ дошта метавонанд.
 
Моддаи 19. Ҳуқуқи истифодабараидагони хизмати алоқаи барқӣ
 
Истифодабарандагон ҳуқуқ доранд:
-  хизмати шабакаи алоқаи барқии истифодаи умум ба онҳо дастрас бошад;
- таҷҳизоти ниҳоии худро ба шабакаи алоқаи барқии истифодаи умум мутобиқи шартҳо ва тартибе, ки қонунгузорӣ муайян кардааст, пайваст кунанд;
- аз хизматрасонии саривактӣ ва босифати операторон ва провайдерон мутобиқи қоидаҳои .муқарраршуда истифода баранд;
- аз хизмати алоқаи барқӣ, дар сурати аз тарафи оператор ё провайдер риоя нашудани шартҳое, ки дар шартнома зикр гардидаанд, даст кашанд;
- дар натиҷаи нарасонидани хизмат ё сифати пасти хизматрасонӣ пардохтани товони зарар ва ҷуброни зарари маънавиро талаб кунанд;
- дар сурати вайрон кардани ҳуқуқҳои онҳо ба мақоми давлатии ваколатдор ва суд муроҷиат намоянд.
Дар ҳолати истифода гардидани хизмати алоқаи барқӣ аз ҷониби фарзанд, падару модари ў ҳуқуқ доранд аз операторон ва провайдерон оид ба истифодабарии хизмати алоқаи барқӣ маълумоти дахлдорро ба таври дахлдор гиранд  (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1301).
Истифодабарандагон мувофиқи қонунгузорӣ ҳуқуқҳои дигарро низ дошта метавонанд.
 
Моддаи 20. Ўҳдадориҳои операторои ва провайдеропи хизмати алоқаи барқӣ
                      (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1401)
 
Операторон ва провайдерон ўҳдадоранд(ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1401)
- ба истидабарандагон хизмат расонанд;
- ҳамкориро бо системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ таъмин намоянд;  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1401)
- васли воситаҳои мобилии алоқаи барқии дар системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ бақайдгирифташударо ба шабакаи алоқаи барқӣ таъмин намоянд;  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1401)
- ба амал баровардани фаъолият дар cоҳаи алоқаи барқӣ мувофиқи шартҳои иҷозатнома ва қоидаҳои муқарраршуда;
- мутобиқи стандартҳо, қоидаву меъёрҳои муқарраргардида сифати хизмати расонидашавандаро таъмин намоянд;
ба падару модар маълумотро дар бораи истифодаи хизмати алоқаи барқӣ аз ҷониби фарзандон ройгон пешниҳод кунанд  (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1301);
- шартномаро бевосита бо худи шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шахсони воқеӣ ё ҳуҷҷатҳои таъсисии шахсони ҳуқуқӣ банданд; (ҚҶТ аз 28.12.13с., №1047)
– тибқи Тартиб ва талаботи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон азнавбақайдгирии симкортҳои истифодабарандагонро гузаронанд; (ҚҶТ аз 25.12.15с., №1271)
- сирри гуфтугуҳои телефонӣ, телеграфӣ ва дигар маълумотеро, ки тариқи шабакоти алоқаи барқӣ интиқол мегарданд,  риоя кунанд;
  • ба истифодабарандагон сари вақт ахбороти муфассал доир ба шароиту тартиби расонидани хизмати алоқаи барқӣ, аз ҷумла тағйирёбии тарифҳо ба хизмати алоқаи барқӣ пешниҳод намоянд;
  • пардохтани товони зарари расонидашударо ба истифодабарандагон мувофиқи қонунгузорӣ бинобар иҷро накардан ва ё бо сифати номувофиқ иҷрр намудани шартномаҳои расонидани хизмати алоқаи барқӣ, инчунин нарасонидан ва ё бо сифати номувофиқ расонидани хизмат пардозанд.
Операторон ва провайдерон мувофиқи қонунгузорӣ ӯҳдадориҳои дигарро низ дошта метавонанд.
 
Моддаи 21. Ўҳдадориҳои истифодабарандагони хизмати алоқаи барқӣ
                   (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1401)
 
Истифодабарандагон ўҳдадоранд(ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1401)
- қоидаҳои муқарраршудаи истифода аз хизмати алоқаи барқиро риоя намоянд;
- таҷҳизоти ниҳоиеро, ки сертификата мувофиқат ба стандартноӣ муқарраршуда доранд, истифода баранд;
- ҳангоми бастани шартнома ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шахси воқеӣ ва ё ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқиро пешниҳод намоянд; (ҚҶТ аз 28.12.13с., №1047)
– симкортҳои худро дар операторони хизмати алоқаи барқӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав ба қайд гиранд; (ҚҶТ аз 25.12.15с., №1271)
- саривакт подоши хизмати ба онҳо расонидашударо пардозанд; амалҳоеро, ки ба паст шудани сифати кор ва ё вайрон кардани шабакоти алоқаи барқӣ оварда мерасонанд, содир накунанд.
Истифодабарандагон мувофиқи қонунгузорӣ ӯҳдадориҳои дигарро низ дошта метавонанд.
 
Моддаи 22. бо ҚҶТ аз 31.12.08 с., №462 хориҷ карда шуд
 
Моддаи 23. бо ҚҶТ аз 31.12.08 с., №462 хориҷ карда шуд
 
Моддаи 24. Сирри алоқи барқӣ  
         
Сирри гуфтугуйҳои телефонӣ, телеграфӣ, электронӣ ва дигар ахбороте, ки аз тариқи шабақоти алоқаи барқӣ интикол меёбанд, аз тарафи қонун ҳимоя мешавад.
Ҳамаи операторони алоқаи барқӣ ўҳдадоранд, ки сирри гуфтугуйҳо ва ахбороти ирсолшавандаро маҳфӣ нигоҳ доранд. Маълумот оид ба ахборот ва инчунин худи ахбороти тавассути шабакоти алоқаи барқӣ интиқолгардида танҳо ба худи шахсони фиристанда ва ё намояндаи қонунии он пешниҳод карда мешавад.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1401)
Гӯш кардани гуфтугуйҳои телефони, шиносои бо ахбороти тариқи шабакоти алоқаи барқӣ интиқолшаванда, дастрас кардани маълумот дойр ба онҳо, инчунин дигар маҳдудиятҳои сирри гуфтугуйҳо ва ахборот танҳо дар асос ва бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.
Шахсони манcабдор ва дигар ашхосе, ки ба вайрон намудани муқаррароти моддаи мазкур роҳ додаанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
БОБИ VI.
ШАБАКОТИ АЛОҚАИ БАРҚӢ, ПАЙВАНДҲОИ БАЙНИ ШАБАКАҲО, ТАҶҲИЗОТИ НИҲОИ
ВА РАҚАМГУЗОРӢ
 
Моддаи 25. Маҷмӯи амволи шабакоти алоқаи барқӣ
 
Ба маҷмӯи амволи алоқаи барқӣ биноҳо, аппаратура, таҷҳизот, иншооти кабелу канализатсионӣ ва хати кабел, симҷӯбҳои хатҳои алоқаи ҳавоӣ, таҷҳизоти хати радиорелеии алоқа ва сиетемаҳои радиотелефонии алоқа (бесим), таҷҳизоти алоқаи радифии заминӣ, воситаҳои нақлиёт дохил мешаванд.
 
Моддаи 26. Шаклҳои моликият ба шабакаҳои алоқаи барқӣ
 
Шабакаҳои алоқаи барқӣ метавонанд молиқияти хуеусӣ ва давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд. Рӯихати шабакаҳо ва воситаҳои алоқаро, ки танҳо моликияти давлатӣ махсуб мешаванд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. хамаи соҳибони шабакоти алоқаи барқӣ ҳуқуқҳои баробар доранд ва бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя карда мешаванд.
 
Моддаи 27. Шабакаи алоқаи барқии истифодаи умум
 
Шабакаи алоқаи барқии истифодаи умум шабакаи алоқаи барқие мебошад, ки барои расонидани хизмати алоқаи барқӣ ба ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии каламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси принсипҳои ягонаи хизматрасонӣ, тартиби пешниҳод ва пардохти он пешбинӣ карда шудааст.
Ҳар як шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ метавонад шабакаи алоқаи барқии истифодаи умумро созмон диҳад ва истифода барад, инчунин мувофиқи муқаррароти Қонуни мазкур хизмати алоқаи барқии истифодаи умумро пешниҳод намояд.
 
Моддаи 28. Шабакоти алоқаи барқии мақомоти идоравӣ ва ҷудошуда
 
Ба шабакоти алоқаи барқии мақомоти идоравӣ шабакоти алоқаи барқие мансубанд, ки барои таъмини эҳтиёҷоти истеҳсолӣ ва махсуси шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пешбинӣ шуда, дар ихтиёри онҳo мебошанд ва аз тарафи онҳо истифода бурда мешаванд. Шабакоти алоқаи барқии мақомоти идоравӣ метавонанд барои расонидаии хизмати алоқаи барқӣ ба дигар истифодабарандагон низ пешниҳод карда шаванд.
Ба шабакоти алоқаи барқии ҷудошуда шабакоти алоқаи барқии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки барои расонидани хизмати алоқаи барқӣ ба доираи маҳдуди истифодабарандагон пешбинӣ шудаанд, мансубанд.
Қоидаҳои хизматрасонӣ аз тарафи операторски шабакоти алоқаи барқии идораҳо аз ҷониби операторони худи ҳамин шабакоти алоқаи барқӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикиетон муқаррар карда мешавад.
Васли шабакоти алоқаи барқии идоравӣ ва ҷудошуда бо шабакаи алоқаи барқии истифодаи умум танҳо дар асоси шартномаи дахлдор ба амал бароварда мешавад. Шарту талаботи чунин тарзи васли байнишабакотӣ бо Қонуни мазкур муқаррар карда мешавад.
 
Моддаи 29. Васлҳои байнишабакотӣ
 
Операторони шабакоти алоқаи барқии истифодаи умум, ки мавқеи бартарӣ доранд, ўҳдадоранд дархостҳоро оид ба васли байнишабакотии шабакаҳои худ бо шабакаҳои операторони дигари алоқаи барқие, ки иҷозатнома доранд, қонеъ гардонанд.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1401)
Васли байнишабақотӣ дар асоси шартномаҳои байни операторони алоқаи барқӣ, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ тасдиқ мекунад, ба амал бароварда мешавад. Муқаррароти шартнома оид ба васли байнишабакотӣ набояд ба муқаррароти Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва шартҳои васли байнишабақотӣ, ки онҳо тариқи қонунгузорӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ муқаррар гардидаанд, мухолиф бошанд.
Дар сурати вуҷуд доштани имконияти техники барои васли байнишабакотӣ иҷрои он набояд рад карда шавад. Ҳар як радкунии васли байнишабакотӣ бояд пурра асоснок карда шавад.
Дар сурати рад намудан ба васли байнишабакотӣ барои ҳалли масъалаҳои бахсталаб тарафи ҷабрдида мегавонад ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ муроҷиат намояд.
 
Моддаи 30. Таҷҳизоти ниҳоӣ
 
Ҳар як шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқyқӣ ворид намудан, фуруш, васлу истифодабарӣ ва Хизматрасонии таҷҳизоти ниҳоиро дорад.
Ҳар як таҷҳизоти ниҳоӣ метавонад ба шабакаи алоқаи барқии истифодаи умум танҳо дар cурате васл карда шавад, ки он ба талаботи асосии моддаи мазкур мувофиқ буда, бо тартиби муқарраршуда сертификат гирифтааст.
Талаботи асосӣ нисбати таҷҳизоти ниҳоӣ аз инҳо иборат мебошанд:
- беҳавфӣ барои истифодабарандагон ва ҳайати кормандони шабакаи алоқаи барқӣ;
- мувофиқат ба талаботи мутобиқати электромагнита;
- самаранок истифода бурдани спектри радиобасомад ва пешгирӣ намудани ҳалалҳои радиотехники байни системаҳои кайхонӣ ва руизаминӣ;
- мутобиқат ва ҳамкориҳо бо воситаҳои шабакаи алоқаи барқии истифодаи умум;
- ҷонибдории таснифоти дахлдоре, ки дастрас намудани алоқаи таъҷилиро кафолат медиҳанд ва кори аз онҳо истифода бурдани истифодабарандагони ҷисман маъюбро осон менамоянд.
Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ номгӯи таҷҳизоти ниҳоиеро, ки сертификати мутобиқат дорад, нашр мекунад.
 
Моддаи 301. Бақайдгирӣ ва муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ
                       (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1401)
Мақоми ваколатдори давлатии соҳаи алоқаи барқӣ системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқиро ташкил намуда, рушд медиҳад ва истифода мебарад.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1401)
Идентификаторҳои байналмилалии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ дар системаи давлатии муайянсозни воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ба қайд гирифта мешаванд.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1401)
Бақайдгирии идентификаторҳои воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ музднок анҷом дода мешавад. Андоза ва тартиби пардохти хизматрасонии бақайдгирии идентификаторҳо аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ дар мувофиқа бо мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ муайян карда мешаванд.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1401)
Дигаргун сохтан, нусхабардорӣ ва паҳн кардани маълумоти системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ бе розигии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ манъ аст.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1401)
Ба худуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр, паҳн ва истифода кардани намудҳои гуногуни таҷҳизоту барномаҳое, ки барои дигаргун кардани маълумоти идентификатории воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ истифода мешаванд ва (ё) истифодаи воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ, ки маълумоти идентификаторашон дигар карда шудааст, манъ мебошад.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1401)
Операторони хизмати алоқаи барқӣ ҳуқуқ надоранд ба воситаҳои мобилии алоқаи барқии дар системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ бақайдгирифтанашуда хизмат расонанд.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1401)
 
Моддаи 31. Рақамгузорӣ
 
Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ идоракунии ракамгузориро ба амал бароварда, нақшаи миллии рақамгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар менамояд ва назорат мекунад.
Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ операторони алоқа ва истифодабарандагонро, ки таҷҳизоти ниҳоӣ доранд, бо тақсимот ва истифодаи самараноки рақамҳо таъмин менамояд.
Рақамҳои алоқаи барқӣ ба операторон ва истифодабарандагони хизмати алоқаи барқӣ дар асоси пардохти пули дода мешавад. Миқдор ва тартиби пардохти истифодабарии захираҳои рақамгузорӣ аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ дар мувофиқа бо мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ  муайян карда мешаванд. (ҚҶТ аз 31.12.08с., №462).
 
Моддаи 32. Хизматрасонии универсалӣ
 
Хизматрасонии универсалӣ аз рӯи тарифҳо ва шартҳои техники ба гуруҳҳои алоҳидаи истифодабарандагони ҷиcман маъюби ба ин хизматрасонӣ эҳтиёҷоти махсусдошта пешниҳод гардида, барои ба онҳо дастрас будани хизмати алоқа мусоидат менамояд. Интиқоли зангзаниҳои бемузд ба ҳадамотҳои садамавӣ ва таъҷилӣ барои ҳамаи таъминкунандагони хизмати алоқаи телефонии истифодаи умум ҳатмӣ мебошад.
Ба операторов вазифаҳои расонидани хизмати универсалӣ метавонанд вогузор шаванд. Тартиби расонидани хизмати универсалӣ аз тарафи операторони алоқaи барқии универсалӣ ва маблағгузории ҳароҷоти иҷрои ўҳдадориҳо нисбати хизмати универсалӣ бо Низомнома дар бораи Хизматрасонии универсалӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, муайян карда мешавад.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1401)
 
Моддаи 33. Истифодаи шабакоти алоқаи барқӣ ба манфиати идоракунии давлатӣ, мудофиа, амнияти миллӣ,
                  ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва дар ҳолатҳои фавкулодда
 
Шабакаи ҳукуматии алоқаи барқӣ аз тарафи мақомоте, ки махсус, бино ба таъиноти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст, бунёд ва истифода карда мешавад. Шабакаи ҳукуматии алоқаи барқӣ бояд маҳфияти маълумотеро, ки ба таваесути ин шабака таҳвил мегардад, таъмин намояд.
Ҳамаи вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз шабакоти алоқаи барқии дохилӣ истифода мебаранд ва инчунин операторони шабакоти алоқаи барқии истифодаи умум ўҳдадоранд барои иҷрои талаботи идораи давлатӣ, аз ҷумла мудофиа, амният, ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва дар ҳолатҳои фавкулодда пешниҳод намудани шабақаҳо ва хизмати алоқаи барқиро таъмин намоянд.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1401)
Идоракунии шабакоти алоқаи барқӣ дар ҳолатҳои фавкулодда аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои кудратӣ, инчунин вазорату муассисаҳое, ки шабакоти алоқаи барқии худӣ доранд, ба амал бароварда мешавад.
Ҳангоми рӯӣ додани ҳолатҳои фавкулоддае (амалиётҳои ҷангӣ, офатҳои табиӣ, карантин ва ғайра), ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, мақоми давлатии ваколатдор дар истифодабарӣ ҳуқуқӣ бартариятнок дошта, инчунин барои маҳдудкунӣ ва ё боздоштани фаъолияти ҳар як шабака ва воситаи алоқаи барқй сарфи назар аз мансубияти идоравии онҳо ҳуқуқ доранд.
Зарари ба операторони алоқаи барқӣ дар ҳoлатҳои фавкулодда, инчунин бо мақсади таъмини мудофиаи миллӣ, амният, ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ зимни иcтифодабарии шабакаҳо ва воситаҳои алоқаи барқӣ расонидашуда мутобиқи қонунгузорӣ ва мувофиқи тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, ҷуброн карда мешавад.
Операторони алоқаи барқӣ ўҳдадоранд таҷҳизот ва иcтифодабарии воситаҳоеро, ки барои хабардоркунии аҳолӣ аз ҳавфи ҳолатҳои фавкулодда заруранд, таъмин намоянд.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1401)
 
Моддаи 34. Амали якҷояи операторон ва провайдерони хизмати алоқаи барқӣ бо мақоме, ки фаъолияти фаврии
                   ҷустуҷӯро амалӣ мегардонанд
 
Операторон ва провайдерони хизмати алоқаи барқӣ, ки дар каламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, сарфи назар аз мансубияти идорӣ ва Шакли моликият, мавриди коркард, офариниш ва иcтифодабарӣ аз шабакаҳои алоқа мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ўҳдадоранд ба мақомҳое, ки фаъолияти фаврии ҷустуҷуӣ мебаранд, кумак намоянд ва ба тавассути шабакаи алоқаи барқӣ ба амал баровардани чорабиниҳои фаврии ҷустуҷуӣ шароит фароҳам оваранд, барои роҳ надодан ба ошкор кардани усулҳои ташкилӣ ва тақтиқии гузаронидани чорабиниҳои мазкур чораҳо андешанд.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1401)
Дар сурати истифодаи ғайриқонунӣ аз воситаҳои алоқа, ки ба манфиати шахе, ҷомеа ва давлат зарар меоваранд, идораҳои ваколатдори давлатӣ ҳуқуқ, доранд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҳар гуна шабақа ва воситаҳои алоқаро, сарфи назар аз мансубияти идорӣ ва шакли моликият боздоранд.
 
Моддаи 35. Ахбороти афзалиятнок
 
Операторони алоқаи барқӣ ва истифодабарандагон бояд бартарияти мутлақи ахбороти зеринро таъмин намоянд:
- хавфи бехатарии ҳаёти инсон дар об, замин, ҳаво, фазоӣ кайҳонӣ;
- гузаронидани чорабиниҳои таъҳирнопазир ҷиҳати мудофиа, амнияти миллӣ ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ;
- садамаҳои калон, фалокатҳо, паҳншавии эпидемияҳо, муриши ҳайвонот, офатҳои табиӣ ва дигар ҳолатҳои фавкулодда.
 
Моддаи 36. Имтиёз ва бартариҳо дар мавриди истифода аз алоқаи барқӣ
 
Барои гуруҳи алоҳидаи шахсони мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони дипломативу консулии давлатҳои хориҷа, намояндагони таппсилотҳои байналмилалӣ, инчунин гуруҳи алоҳидаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми иcтифода аз алоқаи барқӣ афзалияту имтиёзҳо оид ба навбат, тартиби иcтифодабарӣ ва андозаи пардохти хизмати алоқаи барқӣ муқаррар карда мешаванд.
Номгӯи гуруҳҳои шахсоне, ки ба чунин афзалияту имтиёзҳо ҳуқуқ доранд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Ҷуброни даромадҳои пурра ба даст оварданашуда ба операторон ва ё хизмати алоқаи барқӣ дар натиҷаи муқаррар намудани имтиёзҳою бартариҳо ҷиҳати иcтифодабарии хизмати алоқа ва ё дигар намуди зарар бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
 
Моддаи 37. Сифати хизмати алоқаи барқӣ
 
Операторони алоқаи барқӣ ўҳдадоранд ба истифодабарандагон чунон хизмат расонанд, ки ба талаботи ҳатмии сифати хизмати алоқаи барқӣ ба стандартҳо, меъёрҳои техникии хизмати алоқаи барқӣ мутобиқ бошад, инчунин онҳоро дойр ба хизмати алоқаи барқӣ ва сифати он бо ахборот таъмин намоянд.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1401)
Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ ҷиҳати сифати хизмати алоқа барои дараҷаҳои гуногуни хизмати алоқаи барқӣ, ки онҳо аз ҷониби Операторони шабакаи алоқаи барқии истифодаи умум пешниҳод  мегарданд, талаботи ҳадди ақалро муқаррар мекунад. (ҚҶТ аз 31.12.08с., №462).
Талаботи ҳадди ақал ба сифати хизмат дар асоси сифати миёнаи ба даст овардашудаи хизмат муқаррар гардида, тасҳеҳи он бо мақсади баланд бардоштани сифати хизмат бо дарназардошти эҳтиёҷоти истифодабарандагон, тараққиёти техники ва қобилияти ҳаёти иқтисодӣ давра ба давра тағйир дода мешавад.
Назорати сифати хизмат дар асоси нишондиҳандаҳои зарурии кор ва усулҳои назорати сифат, ки бо дастури дахлдор муайян мегарданд, ба амал бароварда мешавад. Операторони алоқаи барқӣ ҳар нимсола мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ дойр ба сатҳи сифати ба даст овардашуда огоҳ менамоянд.
Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ ҳуқуқ дорад ҳангоми вайрон кардани талаботи сифати хизмат пешниҳод намудани хизмати алоқаи барқиро манъ намояд.
 
Моддаи 38. Ҳуқуқи истифодабари аз шабакоти алоқа ва расонидани хизмати алоқа
 
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба гирифтани ҳар гуна иҷозатнома ҷиҳати иcтифодабарӣ аз шабакоти алоқаи барқӣ ва ё пешниҳод намудани хизмати алоқаи барқӣ, инчунин ба гирифтани ҳар гуна иҷозатнрмаи истифодабарии спектри радиобасомади вобаста ба он ҳуқуқ, доранд.
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикиcтон метавонанд дар хусусигардонии шабакаи алоқаи барқии истифодаи умум, ки давлат иҳтиёри истифода ё назорати онҳоро дорад, ипл-ирок кунанд.
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикиcтон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад, барои фаъолият дар соҳаи алоқа мувофиқи ҳамон шартҳо ва тартиботе, ки барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикиcтон пешбинӣ шудааст, иҷозатнома мегиранд ва дар ҷараёни хусусигардонӣ иштирок мекунанд.
 
Моддаи 39. Истифодаи забонҳо ва алифбоҳо
 
Суроғаи шахси фиристанда ва гирандаи баркияҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикиcтон равона карда мешаванд, бояд ба забони тоҷикӣ ва ё забони русӣ ба расмият дароварда шаванд. Матни баркияҳо бояд бо хуруфи алифбои тоҷикӣ, русӣ ё лотинӣ навишта шавад. Ахбороти байналмилалии тавасеути шабакаҳои алоқаи барқӣ интиқолёфта бо забонҳое таҳия мегарданд, ки онҳоро муқаррароти шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикиcтон муайян намудаанд.
 
Моддаи 40. Вақти ҳисобу ҳисобот
 
Ҳангоми амалӣ намудани фаъолият вобаста ба пешниҳод намудани хизмат аз ҷониби операторон ва идораҳои хизматии алоқаи барқӣ, сарфи назар аз ҷоӣ ва мавқеи онҳо дар каламрави Ҷумҳурии Тоҷикиcтон вақти ягонаи ҳисобу ҳисобот - вақти маҳаллӣ мебошад.
 
БОБИ VII.
 ИСТИФОДАИ ЗАМИНҲОИ ДАВЛАТӢ ВА ВОСИТАҲОИ ОПЕРАТОРОНИ ШАБАКАИ АЛОҚАИ
 БАРҚИИ ИСТИФОДАИ УМУМ
 
Моддаи 41. Истифодаи заминҳои алоқаи барқӣ, тараққиёт ва таздиди воситаҳои алоқаи барқӣ
 
Ба заминҳои шабакаи алоқаи барқӣ заминҳое мансубанд, ки барои иcтифода ба операторон барои ба амал баровардани вазифаҳои ба онҳо вогузоршуда ҷиҳати истифодабарӣ, нигахдорӣ, сохтмон, азнавсозӣ, тармими иншоот ва объектҳои шабакаи алоқаи барқӣ дода шудаанд.
Заминҳо барои таъмин намудани фаъолияти алоқаи барқӣ мувофиқи тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикиcтон муқаррар кардаает, дода мешавад.
Барои таъмини иcтифодабарӣ аз хатҳои кабели, радиорелеӣ ва хатҳои ҳавоии алоқаи барқӣ минтакдҳои муҳофиза муқаррар карда мешаванд. Тартиби муқаррар кардани минтақаҳои мухофиза, ҳаҷми онҳо, тартибу низоми истифодаи заминҳоеро, ки барои ин мақсадҳо ҷудо карда шудаанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
 
Моддаи 42. Ҷойгаронии воситаҳои техникии шабакаҳои алоқаи барқӣ
 
Мавриди тарҳрезӣ ва тараққиёти шаҳрҳо ва дигар нуқтаҳои аҳолинишин, ҳамчунин маҳаллаҳо ва гузарҳои аҳолинишин, биноҳои алоҳидаи ҷамъиятӣ ва иншоотҳо, идораҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ якҷоя бо ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ мутобиқи меъёрҳои қобили татбиқ ва талаб ўҳдадоранд, ки талаботи операторони алоқаи барқиро ҷиҳати ҷойгиронии воситаҳои техникии онҳо ба назар гиранд.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1401)
Операторон ва хизмати алоқаи барқӣ метавонанд дар замин, дар биноҳо, дар симҷубҳо, дар купрукҳо, дар трубопроводҳо, дар роҳҳо ва коллекторҳо, туннелҳои роҳи оҳан ва дигар ҷойҳо, бо огоҳонии пешакӣ ва агар талаб карда шавад, бо бастани шартнома бо мулқдорон ё шахсони дигаре, ки ба чунин участкаҳои замин ё иншоот ҳуқуқ доранд, такягоҳҳо, хати алоқа ва дигар иншоотҳо созанд, насб кунанд ва истифода баранд.
Корҳои сохтмон, насб ва иcтифодабарии шабакаи алоқаи барқӣ бояд бо бахисобгирии талаботи амнияти экологи ва безарар ба сифатҳои эстетикии маҳалле, ки чунин корҳо бурда мешаванд, анҷом мегиранд. Ҳамзамон барои ҳар чӣ камтар шудани зараре, ки ба моликияти хусусӣ ё ба муносибати ҳуқуқи роҳ додан расонида мешавад, ҷораҳо андешида мешавад. Баъди ба охир расидани ҳар гуна корҳо оид ба сохтмон, насб ё тармими шабакаи алоқаи барқӣ дар қитъаи замин, дар бино ё худ иншоот оператори алоқаи барқӣ ўҳдадор аст, ки қитъаи замин, бино ё иншоотеро, ки дар он кор бурдааст, аз ҳисоби худ ба ҳолати аввалааш оварад.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1401)
Оператори алоқаи барқӣ ўҳдадор аст товони зареро, ки ба бино, қитъаи замин ё иншоот дар натиҷаи сохтмон, насб, тармим, инчунин иcтифодабарии шабакаи алоқаи барқӣ расидааст, пардозад.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1401)
Дар ҳолатҳои фавкулодда ва дар мавриди зарурати аз тарафи операторон гузаронидани коркоӣ таъхирнопазир оид ба барқарор кардани шабакаи алоқаи барқӣ ё васлкунии иншооти алоқаи барқӣ дар қитъаи замин, дар бино ё иншоотҳои дигаре, ки моликияти шахсии ин гуна оператор нестанд, оператори алоқаи барқӣ ўҳдадор аст тамоми кушишҳоро ба ҳарҷ диҳад, то соҳиби қитъаи замин, бино ё дигар иншоотҳоро огоҳ намояд ва сари вақт розигии ӯро барои гузаронидани корҳои мутазаккира гирад. Нагирифтани ризояти соҳиб монеа ба гузаронидани ин корҳо шуда наметавонад ва оператори алоқаи барқиро аз пардохти товони ҳар гуна зарар, ки мавриди иҷрои ин гуна корҳо расидааст, озод намекунанд.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1401)
Азнавсозӣ ва ба ҷои дигар кӯчонидани иншооти алоқаи барқӣ, ки бо такозои сохтмони нав, васеъ кардан, таҷадауди нуқтаҳои аҳолинишин ва биноҳои алоҳида, азнавсозии роҳҳо ва купрукҳо, азҳудкунии заминҳои нав, азнавсозии системаи мелиоратививу коркарди канданиҳои фоиданок рӯҳ медиҳанд, аз ҳисоби супоришдиҳандаи сохтмон мувофиқи стандартҳои ҷоpӣ ва шартҳои техникии соҳибони шабақот ва воситаҳои алоқаи барқӣ ба ҷо оварда мешаванд. Ҳамзамон зиёд кардани иқтидори алоқаи барқӣ аз ҳисоби соҳибони онҳо ба амал бароварда мешавад.        
 
Моддаи 43. Рафъи оқибатҳои садама ва вайрониҳо дар шабакоти алоқаи барқӣ
 
Рафъи оқибатҳои садама ва вайрониҳо дар шабакоти алоқаи барқӣ аз ҷониби операторони ин шабакаҳо ба амал бароварда мешавад.
Мақомоти идораи давлатӣ ба кори бартарафкунии оқибатҳои ҳодисаҳои рӯйдода дар шабакоти алоқаи барқӣ кумак мерасонанд.
Гузаронидани корҳо ҷиҳати рафъи ҳодисаҳои рӯйдода дар шабакоти алоқаи барқӣ гирифтани иҷозати истифодабарандагон (соҳиб, иҷорагяр)-и қитъаи замин, моликони бино ва ё иншоот, ки дар онҳо воситаҳои алоқаи барқӣ ҷойгир карда шудаанд, талаб карда намешавад. Товони зараре, ки дар натиҷаи бартарафкунии оқибатҳои ҳодисаҳои рӯйдода ба молик (соҳиб, иҷорагир) расонида мешаванд, аз операторони дахлдор ситонида мешавад.
Товони зараре, ки ба операторон дар натиҷаи ҳодисаҳои ғайричашмдошт дар шабакаи алоқаи барқӣ бо гуноҳи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ рӯӣ додааст, мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз худи онҳо ҷуброн карда мешавад.
 
БОБИ VIII.
МУҚАРРАРОТИ НИҲОӢ
 
Моддаи 44. Ҷавобгарӣ барои конуншиканӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ
 
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки барои вайрон кардани муқаррароти Қонуни мазкур гунаҳгоранд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 45. Ҳамкории байналмилалӣ
 
Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ дар асоси шартнома ва созишномаҳои байналмилалӣ ба амал бароварда мешавад.
Дар фаъолияти байналмилалӣ мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ ба сифати маъмурияти ягонаи алоқа баромад мекунад, бо маъмуриятҳои алоқаи дигар кишварҳо ва ташкилотҳои байналмилалии алoқa ҳамкорӣ менамояд, фаъолияти байналмилалиеро, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба амал мебароранд, ҳамоҳанг меcозанд.
Пардохти ҳаққи узвият барои иштироқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти ташкилотҳои байналмилалии алоқаи барқӣ ҳатман аз тарафи давлат маблағузорӣ карда мешавад.
 
Моддаи 46. Дар бораи мавриди амал қарор додани Қокуни мазкур
 
Қонуни мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                             Э. РАҲМОНОВ
 
ш. Душанбе  10 майи соли 2002
№ 56