ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2142 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11.02.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2117 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ АСНОДИ ҲОЛАТИ ШАҲРВАНДӢ» Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 02.01.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2119 Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 02.01.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

БАЪЗЕ МАСЪАЛАҲО ОИД БА ПОРТАЛИ ИНТЕРНЕТИИ ИТТИЛООТИ ҲУҚУҚӢ

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Чшб, 30/07/2025 - 11:08
     Мавриди зикр аст, ки бо мақсади таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ҷиҳати иштироки онҳо дар раванди фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва пайдо кардани дастрасии пурра, саривақтӣ ва ройгон ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дорои таъсири имконпазир ба субъектҳои соҳибкорӣ ва инчунин иттилооти бо низоми таҳлили таъсири танзимкунӣ пешбинигардида Тартиби пешбурди Портали интернети иттилоотии ҳуқуқии ҶТ, ки бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 29 декабри соли 2018, №617 [2] тасдиқ гардидааст, таъсис дода шуд.
     Тибқи сархати якуми банди 4 Тартиби пешбурди Портали интернетии иттилооти ҳуқуқии ҶТ портали интернетӣ - махзани электронии санадҳои меъёрии ҳуқуқии дорои таъсири имконпазир ба субъектҳои соҳибкорӣ ба ҳисоб рафта, дар шакли электронӣ бо забони давлатӣ ва забони русӣ пеш бурда мешавад.
     Ҳамзамон, Портали интернетии иттилооти ҳуқуқии танзими худро дар моддаи 39 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» аз 30 майи соли 2017, №1414 [1] пайдо намудааст.
     Қобили зикр аст, ки дар моддаи 93 Қонуни мазкур махзани дигари иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо номи Махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тҷикистон пешбинӣ менамояд, ки он ҳам дар шакли электронӣ пеш бурда мешавад. Бинобар ин дар навбати аввал ба мо лозим аст, кифарқияти ин ду маркази иттилооти ҳуқуқиро муайян намоем.
     Фарқи асосии ин ду махзан аз он иборат аст, ки агар махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро новобаста аз намуди онҳо дар бар гирад, Портали интернетии иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо он санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирад, ки ба субъектҳои соҳибкорӣ таъсири имконпазир мерасонанд. Ба таври дигар гӯем дар ин махзани иттилооти ҳамон санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷойгир карда мешаванд, ки мавзӯи танзими боби қонуни тафсиршаванда мебошанд [4, c. 195].
     Дар Портали интернетӣ нақшаҳо оид ба таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, лоиҳаи ҳисоботҳо оид ба таҳлили таъсири танзимкунӣ, лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва матнҳои ниҳоии санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшуда нашр карда мешаванд [6, c. 23].
      Аз ин ҷо фарқи дуюми ин ду махзани электронӣ муайян мегардад. Зеро, агар дар Портали интернетӣ дар қатори матни санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшуда матни лоиҳаи нақшаҳо оид ба таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, лоиҳаи ҳисоботҳо оид ба таҳлили таъсири танзимкунӣ, лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳамчунин пешниҳодҳои иштирокчиёни машваратҳои оммавӣ нашр карда мешаванд, дар Махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо матни санадҳои меъёрии ҳуқуқие нашр карда мешаванд, ки мавриди амал қарор дода шудаанд.
     Ҳамин тариқ аз таҳлилҳои болозикр хусусиятҳои зерини Портали интернетии иттилооти ҳуқуқиро ҷудо намудан мумкин аст:
  •  Портали интернети махзани электронии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад;
  •  дар ин махзан танҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқии дорои таъсири имконпазир ба субъектони соҳибкорӣ дошта ҷой карда мешаванд;
  •  махзани мазкур дар шакли электронӣ бо забони давлаӣ ва забони русӣ пеш бурда мешавад [4, c. 196].
     Масъалаи дигар ин мақоми пешбарандаи Портали интернетии иттилооти ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад. Тибқи қисми 2 м. 39 Қонуни ҶТ «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Портали интернетӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳлили таъсири танзимкунӣ пеш бурда мешавад.
     Мавриди зикр аст, ки қаблан пешбурди Портали интернетӣ аз ҷониби Вазорати адлияи ҶТ амалӣ карда мешуд. Вале, бо дарназардошти ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба м. 39 Қонуни ҶТ «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024, №2024) Портали интернетии иттилооти ҳуқуқии ҶТ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти таҳлили таъсири танзимкунӣ пеш бурда мешавад [10, c. 25].
     Тибқи банди 2 қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи Консепсияи низоми таҳлили таъсири танзимкунӣ» аз 18 ноябри соли 2015, №673 [3] мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таҳлили таъсири танзимкунии санади меъёрии ҳуқуқие, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ таъсири имконпазир дорад, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти ҶТ муайян гардидааст.
     Барои дарки мазмун ва моҳияти Портали интернетӣ таҳлил ва баррасии таркиби он мутобиқи мақсад мебошад. Тибқи қисми 3 моддаи Қонуни ҶТ «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва банди 5 тартиби пешбурди Портали интернетии иттилооти ҳуқуқии ҶТ Портали иттилооти ҳуқуқӣ аз фаслҳои зерин иборат аст:
- Феҳристи нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- Феҳристи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунӣ;
- Феҳристи санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон [2].
     Феҳристи нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ. Феҳристи нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ рӯйхати лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки таҳияи онҳо аз ҷониби субъекти ҳуқуқэҷодкунанда ба нақша гирифта шудааст, дар бар мегирад.
     Таҳиякунанда пас аз қабули қарор дар бораи таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ дар Феҳристи нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ огоҳиномаи дорои маълумоти зеринро ҷойгир менамояд (намуд ва номи санади меъёрии ҳуқуқӣ, маълумот дар бораи таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ, доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад, муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ, муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ, муҳлате, ки дар муддати он аз ҷониби таҳиякунанда пешниҳодҳо вобаста ба ҷойгир намудани огоҳинома қабул карда мешаванд ва он наметавонад аз 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи ҷойгир намудани огоҳинома дар Феҳристи нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ кам бошад.
     Таҳиякунанда лоиҳаи санад ва таҳлили таъсири танзимкуниро дар Интернет- портали иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир намуда, ҳамзамон онҳоро ба мақомоти ваколатдор ҷиҳати омода намудани хулоса ирсол менамояд [5, c. 45].
     Оид ба лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки барои субъектҳои соҳибкорӣ уҳдадорӣ ва ё маҳдудиятҳоро пешбинӣ менамоянд, инчунин, маълумоти зерин (тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад, баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда, тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад, тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ,арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ, санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор) дарҷ карда мешаванд [7, c. 29].
     Мутобиқи банди 10 Тартиби пешбурди Портали мазкур ҳуқуқи ҷойгир кардани огоҳинома дар Феҳристи нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, Феҳристи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунии Портали интернетиро танҳо шахсони ваколатдори:
– Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки дорои таъсири имконпазир ба фаъолияти соҳибкорӣ мебошанд, доранд [2].
     Дастрасӣ барои ҷойгир намудани огоҳинома аз ҷониби Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳлили таъсири танзимкунӣ пас аз бақайдгирии дахлдор дар Портали интернетӣ пешниҳод карда мешавад.
     Феҳристи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунӣ. Дар асоси зербоби 2 боби 2 Тартиби пешбурди Портали интернетӣ Феҳристи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунӣ лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро дар бар мегиранд, ки нисбати онҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таҳлили таъсири танзимкунӣ хулосаҳои дахлдор пешниҳод карда шудаанд. Воридкунии матни пурраи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунӣ ба онҳо аз ҷониби таҳиякунанда ба амал бароварда мешавад [2].
     Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоти давлатӣ метавонанд то ба итмом расидани муҳлати баргузории машваратҳои оммавӣ пешниҳодҳои худро дар робита бо ҷойгир намудани огоҳинома оид ба омода намудани лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ гузоранд [9, c. 37].
     Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоти давлатӣ ҳуқуқи ҷойгир кардани пешниҳодҳои худро вобаста ба ҷойгиркунии огоҳинома дар Феҳристи нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, Феҳристи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунӣ пас аз бақайдгирӣ дар Портали интернетӣ бо риояи муқаррароти боби 4 Тартиби мазкур пайдо мекунанд.
      Феҳристи санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Мутобиқи зербоби 3 боби 2 Тартиби пешбурди Портали интернетӣ Феҳристи санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки расмиёти банақшагирӣ ва таҳлили таъсири тазимкуниро гузашта, аз ҷониби субъекти ҳуқуқэҷодкунанда қабул шудаанд, иборат мебошад [8, c. 16].
     Субъекти ҳуқуқэҷодкунандае, ки санади меъёрии ҳуқуқиро қабул намудааст, барои ҷойгир намудани санади меъёрии ҳуқуқӣ ба Феҳристи санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳлили таъсири танзимкунӣ нусхаҳои тасдиқшудаи санади меъёрии ҳуқуқиро бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, инчунин дар ҳомили электронӣ мутобиқи муқаррароти банди 35 қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи Интернет, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли 2017, №344 тасдиқ шудааст ва ҳуруфи андозаи 14 пешниҳод менамояд [2].
     Мавриди зикр аст, ки дар ҶТ Портали интернетии иттилооти ҳуқуқии ҶТ аз соли 2019 амал намуда то соли 2025 дар он 116 адад огоҳиномаи нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар Феҳристи нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва 84 адад лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Феҳристи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунӣ ҷойгир гардидааст.
     Хизматрасонии Портали интернетӣ ройгон буда, паҳнкунии иттилоот, санадҳои меъёрии ҳуқукӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо аз Портали интернетӣ тавассути шабакаи интернет сурат мпегирад. Аз ин маҳзани иттилооти ҳама шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бемаҳдудият истифода бурда метавонанд. Яъне онро метавонанд ройгон ҷустуҷу кунанд, аз назар гузаронанд, дастрас ва чоп намоянд [1].
     Ҳамин тариқ, Портали интернетии иттилооти ҳуқуқии ҶТ махзани электронии санадҳои меъёрии ҳуқуқии дорои таъсири имконпазир ба субъектҳои соҳибкорӣ ба ҳисоб рафта, дар феҳристҳои он огоҳиномаи нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва худи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо мақсади гузаронидани машварати оммавӣ ҷойгир карда мешаванд.
 
Исмоилӣ И.И,
сардори бахши таҳлили таъсири танзимкунии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 
 
Фирдавсӣ Г.Р., сармутахассиси бахши таҳлили таъсири танзимкунии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 
 
Рӯйхати адабиёт:
  1. Қонуни ҶТ «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» аз 30 майи соли 2017, №1414 // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии ҶТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 15.06.2025).
  2. Тартиби пешбурди Портали интернетии иттилооти ҳуқуқии ҶТ, ки бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 29 декабри соли 2018, №617 тасдиқ шудааст // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии ҶТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 22.06.2025).
  3. Консепсияи низоми таҳлили таъсири танзимкунӣ дар ҶТ, ки бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 18 ноябри соли 2015, №673 тасдиқ гардидааст // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии ҶТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 14.09.2025).
  4. Холиқзода А.Ғ., Ҳоҷиев М. Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ». – Душанбе: Контраст, 2017. – 530 с.
  5. Саидзода, И.Ҳ., Мирзоева, Н.Н. Татбиқи таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон [Матн] / И.Ҳ. Саидзода, Н.Н. Мирзоева // Қонунгузорӣ. – 2018. – №2 (30) – С. 43-46.
  6. Акбарализода, Дж.А. Понятие и сущность анализа регуляторного воздействия [Текст] / Дж.А. Акбарализода // Қонунгузорӣ. – 2023. – №1 (49) – С. 21-26.
  7. Акбарализода, Дж.А. Правовое регулирование проведения анализа регуляторного воздействия в Республике Таджикистан [Текст] / Дж.А. Акбарализода // Қонунгузорӣ. – 2021. – №3 (43) – С. 29-33.
  8. Зариф, У.М. Анализ регуляторного воздействия как перспективный этап нормотворческой деятельности в Республике Таджикистан [Текст] / У.М. Зариф // Законодательство. – 2021. – №1 (41) – С. 16-20.
  9. Зариф, У.М. Нақши падидаи таҳлили таъсири танзимкунӣ дар пешгирии омилҳои коррупсионӣ [Матн] / У.М. Зариф // Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ. – 2022. – №1. – С. 36-43.
  10. Зариф, У.М. Таҳлили муқоисавӣ-ҳуқуқии экспертизаи таҳлили таъсири танзимкунӣ бо давлатҳои хориҷӣ [Матн] / У.М. Зариф // Қонунгузорӣ. – 2022. – №1 (45) – С. 25-34.
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад