3 феврали соли 2020 нишасти матбуотии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2019 баргузор гардид, ки дар кори он муовини сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидализода Фозил ва намояндагони воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла матбуот, телевизион ва радио иштирок намуданд.
Дар оғоз Саидзода Иззатулло Ҳабибулло – директори Маркази миллии қонунгузорӣ доир ба фаъолияти Марказ дар соли 2019 гузориши мухтасар пешниҳод карданд.
Зикр гардид, ки гузаронидани экспертизаи ҳуқуқии лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ яке аз вазифаҳои асосии Марказ ба ҳисоб меравад, ки дар давраи ҳисоботӣ Марказ 105 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро аз экспертизаи ҳуқуқӣ гузаронида, барои аз ҷиҳати илмиву амалӣ асоснок намудан, мукаммалу мушаххас гардонидани механизми татбиқи онҳо 932 таклиф пешниҳод намуд.
Соли 2019 Маркази миллии қонунгузорӣ ҳамчун мақоми ваколатдори гузаронидани таҳлили таъсири танзимкунӣ лоиҳаи 18 санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи соҳибкориро ҷиҳати фарогир будани онҳо ба таҳлили таъсири танзимкунӣ, оид ба огоҳинома дар бораи омода намудани лоиҳаҳои мазкур ва гузаронидани таҳлили таъсири танзимкунӣ мавриди баррасӣ қарор дода, хулосаҳои ҳуқуқӣ пешниҳод кард. Хусусан ба лоиҳаи Кодекси маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Дар бораи сайёҳӣ», «Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ» ва ғайра.
Дар самти таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бошад, Марказ давоми соли сипаришуда 8 лоиҳа, аз ҷумла лоиҳаҳои Кодексҳои экологӣ ва граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳрири нав, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тиҷорати электронӣ», «Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ» дар таҳрири нав, лоиҳаҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад» ва «Дар бораи гаравхона (ломбард)» таҳия намуд, ки лоиҳаҳои зикршуда дар баррасӣ қарор доранд.
Дар робита ба таҳияи пешниҳодот оид ба мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади мутобиқгардониву мукаммалсозии қонунгузории муқовимат бо коррупсия ва қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ дар ҳайати намояндагони ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ гурӯҳҳои кории байниидоравӣ таъсис дода шуда, корҳои назаррас иҷро гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ тадқиқотҳои муқоисавию ҳуқуқии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қонунгузории давлатҳои хориҷӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, ба табъ расиданд. Аз ҷумла, таҳлилҳои муқоисавӣ - ҳуқуқии қонунгузории бонкӣ, муҳоҷират, мубориза бар зидди коррупсия, мурофиаи ҷиноятӣ ва қонунгузории сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бо мақсади мураттабсозии қонунгузорӣ дар сомонаи расмии Марказ саҳифаи махсуси «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» фаъолият мекунад, ки дар давраи ҳисоботӣ 105 санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз инвентаризатсия гузаронида шуд.
Дар соли 2019 бо ташаббуси Марказ як Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Имплементатсияи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон», 3 Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯъҳои «Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: масоил ва дурнамо», «Конститутсияи соли 1994 ҳамчун санади асосии рушди минбаъдаи давлатдории тоҷикон», бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 10-умин солгарди таъсисёбии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти унвони “Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - асосгузори низоми ҳуқуқи миллӣ”, инчунин 3 семинар ва 4 мизҳои мудаввар гузаронида шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ кормандони Марказ дар кори 30 чорабиниҳои илмии дохилию хориҷӣ иштирок ва баромадҳо намуданд.
Нишондод оид ба тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои ҳуқуқ - як корманди Марказ рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд. Кормандони дигар дар мавзӯъҳои муайяни илмӣ фаъолият доранд.
Фаҳмондадиҳии муқаррароти асосии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз вазифаҳои асосии Марказ буда, тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида дар ин самт баромадҳо тариқи радио, телевизион ва сафарҳои хизматӣ ба маҳалҳо ба роҳ монда шуд. Роҳбарият ва кормандон ба 15 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла ба ноҳияҳои Дарвоз, Роштқалъа, Ванҷ, Ишкошим, Қубодиён, Шаҳритуз, Ёвон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Балҷувон, Лахш, Рашт ва шаҳрҳои Кӯлоб ва Исфара сафарҳои хизматӣ анҷом дода, доир ба фаҳмондадиҳии муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯриҳо барпо намуданд.
Барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандони мақомоти марбутаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шумораи зиёди маводи ҳуқуқӣ дар шакли китоб ва тафсир дастрас карда шуд.
Тариқи ВАО, аз ҷумла, телевизион ва радио 41 баромад анҷом дода шуд.
Дар соли 2019, 9 тафсири илмию амалии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ омода ва нашр гардид, бахусус Тафсирҳои Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», “Дар бораи гаравхона (ломбард)”, “Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он” ва “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”.
Тафсирҳои илмию амалии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гурезаҳо”, “Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ”, “Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ” ва “Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ” бошад, таҳия гардида, дар арафаи нашр қарор доранд.
Дар самти тибқи қонунгузорӣ ба роҳ мондани таъсиси нашрияи чопӣ ва фаъолияти нашриявӣ низ як қатор корҳои назаррас ба сомон расонида шуданд. Бо мақсади нашр намудани мақолаҳои илмии олимони соҳаи ҳуқуқ, маводи ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон шумораҳои 1-4 Маҷаллаи илмӣ-таҳлилии «Қонунгузорӣ» нашр гардид. Маҷаллаи мазкур ба Номгӯи маҷалла ва нашрияҳои тақризшавандаи Комиссияи Олии Аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (КОА) шомил мебошад.
Зикр кардан бамаврид аст, ки дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади мутобиқ намудани сомонаи расмии Марказ ба талаботи Қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи Интернет”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли 2017 сол, №344 тасдиқ гардидааст, корҳо дар самти таҷдиди сомона анҷом ёфта, Сомонаи нав бо се забон ва дар се суроға: www.mmk.tj, www.ncz.tj ва www.ncl.tj фаъолият дорад. Дар як моҳи охир аз сомона 140 000 шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ истифода намуда, қонунҳо ва дигар маводи ҳуқуқиро дастрас намуданд.
Таъсиси китобхонаи электронии ҳуқуқӣ ва махзани маълумоти ҳуқуқӣ самти дигари фаъолият аст. Бо ҳамин мақсад дар сомонаи Марказ рубрикаи «Китобхона» фаъол аст, ки дар он номгӯйи 1332 адабиёти илмӣ ва ҳуқуқии Марказ ҷойгир гардидаанд. Инчунин, дар Марказ китобхона фаъолият менамояд, ки он дорои беш аз 2000 номгӯи китоб ва маводи ҳуқуқӣ мебошад.
Дар соли 2019 ба Марказ 202 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тариқи хаттӣ, шифоҳӣ, электронӣ ва телефонӣ ворид шуд. Муроҷиатҳо саривақт дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” баррасӣ гардида, ба муаллифон ҷавобҳои мушаххас ирсол гардид. Ҳамчунин, тибқи ҷадвали тасдиқшуда, қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарият ва кормандони Марказ ба роҳ монда шудааст.
Намояндагони воситаҳои ахбори омма доир ба гузориши мазкур ва самтҳои дигари фаъолияти Марказ саволҳои худро манзур намуданд, ки ба онҳо аз ҷониби директори Марказ посухҳои мушаххас дода шуд.
Шуъбаи иттилооти ҳуқуқӣ ва мураттабсозии ММҚ