ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2012 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2024 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1993 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Кодекс 1999 КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

АСОСҲОИ ҲУҚУҚӢ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ

-A A +A
Ношири мавод: Ботуралиев Қодирҷон Ғайратҷонович Санаи интишор: Сшб, 18/10/2022 - 09:16
АСОСҲОИ ҲУҚУҚӢ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ
   Дар заминаи таҳқиқу таҳлили тарбия ва густариши ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ нақши санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии муқовимат ба коррупсия мавқеи хосаро касб мекунанд. Меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ба монанди санадҳои ҳуқуқии миллӣ аз принсип ва меъёрҳое иборатанд, ки ба танзиму таъмин ва дарёфти риояи ҳуқуқи инсон нигаронида шудаанд. Дар чунин радиф мақом доштани тарбия ба густариши ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ мусоидат мекунад.
   Қобили зикр аст, ки тақрибан тамоми кишварҳои аъзои санадҳои байналмилалӣ вобаста ба самту равиш ва алоқамандии он ба тамаддуни ҷаҳонӣ ба комёбию дастовардҳои бузурги қонунгузории миллӣ дар самти мазкур замина мегузоранд. Аз ин лиҳоз, омӯзиш ва ташвиқу тарғиби санадҳои ҳуқуқии байналмилалии муқовимат ба коррупсия дар бартараф намудани нуқсонҳо ва беҳтар намудани сатҳи фарҳанг ва ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ сабаб мегардад.
   Зимнан бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ принсипҳои ҳуқуқи байналмиллалиро дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи башар ҷонибдорӣ менамояд ва онҳоро иҷро менамояд. Ҳамчунин ба сифати манбаҳои муҳими тарбияи шахс замина мегардад.
Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки Тоҷикистон эътироф намудааст, ҷузъи таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ мебошанд. Дар сурати номутобиқатии қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои эътирофгардидаи байналмилалии ҳуқуқӣ, меъёрҳои санадҳои байналмилалии ҳуқуқӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд (моддаи 10 Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон).
   Меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ маҷмӯи қоидаҳоест, ба монанди санадҳои ҳуқуқии миллӣ, ки ба танзиму таъмин ва риояи ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон аз ҳисоби таносуби воқеии кафолатҳои давлатӣ ва дар иртибот онҳоро ба якдигар наздик ва мушаххас менамояд.
   Қобили тазаккур аст, ки кишвари соҳибистиқлоли мо имрӯз санадҳои зерини байналмилалии ҳуқуқиро оид ба соҳаи ҳуқуқи инсон ба тасвиб расонид, ки мавқеи онҳо дар тарбияи инсони комил беназир аст. Аз ҷумла:
- Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аз соли 1948;
- Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ аз 16 декабри соли 1966;
- Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак аз 20 ноябри соли 1989;
- Конвенсияи байналхалқӣ дар бораи барҳам додани тамоми намудҳои табъизи нажодӣ аз 21 декабри соли 1965;
- Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф аз 10 декабри соли 1984;
- Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбат ба занон аз 18 декабри соли 1979.
   Дар радифи ин бояд таъкид намуд, ки кишвари соҳибистиқлоли мо аъзои дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ гардидааст, ки дар онҳо усулҳои муқовимат ба коррупсия ва ташаккули ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ танзим гардидааст.
   Бинобар ин, дар баробари муайян гаштани тарзу усулҳои ташаккули ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ дар «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» махсусан қайд гардидааст, ки проблемаи ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, махсусан коррупсия ва қонунигардонии (авфи) воситаҳои пулӣ айни замон таҳти назорати қатъии ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад. Дар радифи ин бояд таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2002 ба Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ ҳамчун аъзо ҳамроҳ шуд.
   Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ 15 ноябри соли 2000 бо резолютсияи Ассамблеяи Генералӣ, №55/25 ба тасвиб расидааст. Конвенсия аз 41 модда иборат аст.
Ҳамин тариқ, Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид бар зидди ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба муқовимат ба коррусия ва густариши ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ моҳиятан ҳамчун ҳуҷҷати муҳим ҳисобида мешавад. Чи тавре дар «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қайд шудааст: «Барои татбиқи амалии он созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ё шартномаҳо дар доираи ҳамкориҳои бевоситаи байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баста мешаванд».
   Усулҳои пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия дар «Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коруппсия», ки дар Конгресси СММ соли 2003 бо мақсади пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳои коррупсионӣ ва дар ин замина, риояи қоида ва принсипҳои байналмилалӣ ба тавсиб расидааст, баррасӣ шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки кишвари соҳибистиқлоли мо 25 сентябри соли 2006 ба Конвенсияи болозикр ҳамроҳ шуд ва баъд аз тасдиқ баҳри амалисозии он тадбирҳои судманд андешида шудаанд. Конвенсияи мазкур аз 8 боб ва 71 моддаи иборат аст.
   Дар соҳаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва дар доираи ёрии ҳуқуқии байниҳамдигарӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчӣ ва аъзои силсила созишномаҳои байналмиллалӣ, байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ мебошад ва меъёрҳои он дар қисми таҳия ва ирсоли ҳуҷҷатҳо, гузаронидани кофтуков, мусодира, ирсол ва додани далелҳои шайъӣ, гузаронидани экспертиза, пурсиши айбдоршаванда, шоҳидон, экспертҳо, оғоз кардани парвандаҳои ҷиноятӣ, кофтуков ва супоридани (экстрадитсяи) шахсоне, ки ҷиноят содир кардаанд, ҳамзамон ба ҷиноятҳои коррупсионӣ низ татбиқ мегардад.
   Амсоли чунин санадҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2003 ба он ҳамроҳ гаштааст, «Нақшаи Истамбулии мубориза бо коррупсия барои мамлакатҳои дорои иқтисодиёти давраи гузариш» аст. Яке аз шартҳои татбиқи Нақшаи амалиёти Истамбулӣ мутобиқат намудани асосҳои қонунгузорию ҳуқуқӣ ва инстутсионалии мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Таъкид гардидаст, ки дар ин самт Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазъи асосӣ қонунгузорию ҳуқуқӣ ва институтсионалии худ оид ба мубориза бо коррупсия ҳисобот манзур дошта, тавсияҳои пешниҳод намудаи Ташкилоти Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва Рушдро (ТҲИР) бо муваффақият амалӣ месозад.
   Инчунин таъкид шудааст, ки дар ин самт андешидани тадбирҳои судманд оид ба расонидани ёрӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ ва мақомоти зиддикоррупсионӣ, дар доираи ҷалби мутахассисон аз давлатҳои хориҷа, ба роҳ мондани ҳамкориҳо, бахшида ба мавзуи коррупсия гузаронидани конфронс, семинар, тренингҳои ватанӣ ва байналмилалӣ ва мониторингҳо оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмиллалӣ ва ғ. тақозои замон аст, аз ҷумла:
- омӯзиши меъёр ва принсипҳои стандартҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва паҳлӯҳои он ҳамчун воситаи инкишофи маҳорат ва малакаи касбии мутахассисони ин самти фаъолият истифода мешавад;
- донистани санадҳои ҳуқуқии байналмиллалӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия зарур ва муҳим аст. Зеро ин санадҳо ҳамчун роҳнамои фаъолияти кормандони мақомоти мубориза бо коррупсия дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба тақвият бахшидани фаъолияти пурсамари онҳо таъсири мусбат мерасонад;
- санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии мубориза бо коррупсия таҳкурсӣ ва манбаи асосии ташаккули эҳтиром ва қадр намудани ҳуқуқҳои асосии инсон аз ҷониби мақомотҳои давлатӣ ва масъулони ин соҳаи фаъолият ба шумор меравад;
- омӯзиши санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии байналхалқии мубориза бо коррупсия, яке аз омилҳои рушди шахс дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба шумор меравад ва бояд асоси фаъолияти ҳар як аъзои ҷомеаи шаҳрвандӣ бошад.
Ҳуҷҷатҳои мазкур ҳамчун воситаи муҳими муфид ва манбаъи иттилоот оид ба стандартҳои байналмилалии пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия арзёбӣ гардида, аз ҷониби дигар ҳамчун роҳнамои фаъолияти субъектҳои муқовимат ба коррупсия, дигар идораю ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ маҳсуб мешавад.
 
Акбарализода Ҷасур,
сардори бахши таҳлили таъсири танзимкунии
Маркази миллии қонунгузории
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад