ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ РОҲҲОИ АВТОМОБИЛГАРД ВА ФАЪОЛИЯТИ РОҲДОРӢ
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии фаъолияти роҳдорӣ, рушди шабакаи роҳҳои автомобилгард ва тартиби истифодаи онҳоро муайян намуда, барои танзим ва идоракунии фаъолияти роҳдорӣ равона гардидааст.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
1) азнавсозии роҳи автомобилгард – маҷмӯи корҳое, ки ҳангоми иҷрои онҳо нишондиҳандаҳои (параметрҳои) роҳи автомобилгард ва қитъаҳои он тағйир дода мешаванд ва онҳо боиси тағйир ёфтани дараҷа ва (ё) категорияи роҳи автомобилгард ё тағйир ёфтани сарҳади қисмати ҷудошудаи роҳи автомобилгард ва қисми ҳамшафати он мегарданд;
2) воситаҳои техникии ташкили ҳаракат дар роҳ – камераҳои назоратӣ ва низоми дигари худкори идоракунӣ, чароғакҳои роҳнамо, аломатҳо, ишораҳо ва нишонаҳои роҳ, ки дар роҳҳои автомобилгард барои танзими ҳаракат дар роҳҳо гузошта шудаанд;
3) заминҳои роҳҳои автомобилгард – қисми заминҳои нақлиёти автомобилӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои сохтмони роҳҳои автомобилгард, азнавсозӣ ва истифодабарии онҳо ҷиҳати бунёди бинову иншооти роҳдорӣ ва хизматрасонии роҳ, инчунин қисматҳои ҳамшафат ва минтақаҳои захиравӣ дода шудаанд;
4) иншооти роҳдорӣ – иншооте, ки бевосита унсури таркибии роҳ мебошанд, аз ҷумла иншооти сунъӣ, воситаҳои техникии ташкили ҳаракат дар роҳҳо ва ободонии роҳҳо;
5) иншооти сунъӣ – иншооти муҳандисие, ки барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардҳо тавассути монеаҳои табиӣ ва монеаҳои дигар, инчунин барои фаъолияти устувори роҳи автомобилгард таъин шудаанд (пулҳо, гузаргоҳҳои болои ҳам, эстакадаҳо, виадукҳо, нақбҳо, гузаргоҳҳои пиёдагарди рӯизаминӣ ва зеризаминӣ, гузариши паромӣ, роҳҳои ҳалқавӣ, деворҳои муҳофизавӣ, долонҳо, иншооти муҳофизавии зиддибарфӣ, зиддиселӣ ва иншооти дигар);
6) иншооти хизматрасонии роҳ – ҷойҳои махсус таҷҳизонидашуда барои таваққуфи воситаҳои нақлиёт, майдончаҳо барои истироҳат ва тамошокунӣ, нуқтаҳои хизматрасонии техникӣ, мотелҳо, меҳмонхона, хаймаҳо (кемпингҳо), нуқтаҳои савдо, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, анборҳо, нуқтаҳои кумаки тиббӣ ва техникию тахлиявӣ (эвакуатсионӣ), нуқтаҳои шустушӯи воситаҳои нақлиёт, нуқтаҳои хӯрокхӯрӣ ва обнӯшӣ, чавкандиҳои нақлиётӣ (автопавилионҳо), инчунин иншооти дигаре, ки дар онҳо ба иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ хизмат расонда мешавад ва ё истифодаи онҳоро барои даромадан ва баромадан ба роҳи автомобилгард талаб менамоянд;
7) истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ мебошанд ё дар доираи қисмати ҷудошудаи роҳҳои автомобилгард ва қисмати ҳамшафати роҳ фаъолияти дигарро амалӣ менамоянд;
8) қисмати мошингузар – қисми роҳи автомобилгард, ки бевосита барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъин гардидааст;
9) қисмати ҳамшафати роҳи автомобилгард (минбаъд - қисмати ҳамшафати роҳ) – замини роҳи автомобилгарде, ки барои таъмини бехатарии аҳолӣ ва ба вуҷуд овардани шароити истифодабарии роҳҳои автомобилгард бо назардошти талаботи бехатарии ҳаракат дар роҳ, инчунин имконияти азнавсозӣ, таъмир, нигоҳдорӣ ва ҷойгиркунии иншооти роҳдорӣ ва хизматрасонии роҳ пешбинӣ шудааст;
10) қисмати ҷудошудаи роҳи автомобилгард – заминҳои роҳи автомобилгард, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷойгиркунии унсурҳои таркибии дахлдор ва иншооти муҳандисии роҳи автомобилгард, инчунин биноҳо, иншоот, таҷҳизот, дарахтзори муҳофизатӣ ва ороишие, ки барои истифодабарии онҳо заруранд, ҷудо карда шудаанд;
11) мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ – мақоми давлатие, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардида, сиёсати давлатиро дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ амалӣ менамояд;
12) нигоҳдории роҳи автомобилгард – маҷмӯи корҳои пешгирикунанда оид ба нигоҳубини роҳ, иншооти роҳдорӣ ва қисмати ҷудошуда, унсурҳои беҳдошти роҳ, ташкили бехатарии ҳаракат дар роҳ, инчунин бартараф кардани тағйирёбии ҷузъӣ ва нуқсонҳои қисмҳои таркибии роҳ ва иншооти он дар давоми сол (вобаста ба мавсим) амалишаванда, ки дар натиҷа ҳолати истифодабарии нақлиётии роҳҳо ва иншооти роҳдорӣ нигоҳ дошта мешавад ва бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин менамояд;
13) роҳи автомобилгард – маҷмӯи унсурҳои ба ҳам алоқаманд ва иншооти муҳандисие, ки ҳаракати мунтазаму бехатари автомобилҳо ва дигар воситаҳои нақлиётро вобаста ба суръат, иқтидори сарборӣ ва андозаҳои муқарраршуда таъмин менамоянд;
14) роҳи автомобилгарди ба консессия супоридашуда – яке аз шаклҳои нигоҳдории роҳи автомобилгард, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи консессияҳо» тибқи шартномаи консессионӣ бо пешниҳоди ҳуқуқи истифодабарии самараноки муваққатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (конседент) ба шахсони воқеӣ ва ҳукуқӣ ё шахсони хуқуқии хориҷӣ (консессиядор) барои нигоҳдорӣ ва хизматрасонии роҳи автомобилгард бо назардошти заминҳои ҳамшафати он супорида шудааст;
15) роҳи автомобилгарди истифодаи умум – роҳи автомобилгарде, ки ҳамлу нақли борҳо ва мусофиронро дар байни давлатҳо, маҳалҳои аҳолинишини шаҳру деҳаҳо ҷиҳати қонеъ намудани талаботи аҳолӣ, эҳтиёҷоти иҷтимоию иқтисодӣ ва мудофиавии давлат таъмин менамояд ва барои истифодаи ҳар як шахс бо риояи қоидаҳои истифодабарии роҳҳои автомобилгард кушода мебошад;
16) роҳи автомобилгарди истифодаи ғайриумум – роҳи автомобилгарде, ки бо тартиби муайяннамудаи соҳибони он бо назардошти талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо барои таъмини эҳтиёҷоти худ истифода мегардад;
17) роҳи автомобилгарди музднок – роҳи автомобилгарде, ки бо тартиби муайяннамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин шартномаҳои консессионӣ барои истифодабарӣ ба таври музднок муайян шудааст;
18) соҳибони роҳҳои автомобилгард – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳуқуқи ашёӣ роҳҳои автомобилгардро соҳибӣ мекунанд;
19) субъектҳои хоҷагии роҳдорӣ – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин филиалу намояндагиҳои шахсони ҳуқуқӣ, ки фаъолияти роҳдориро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд;
20) таваққуфгоҳ – қитъаи муҷаҳҳази қисмати ҳамшафати роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум, кӯчаҳо ва роҳҳои шаҳрӣ, ки барои таваққуфи бонизоми воситаҳои нақлиёт ҷудо карда шудааст;
21) таъмири роҳи автомобилгард – корҳо оид ба барқарорсозии қабати болоии фарсудашудаи роҳ, беҳтар кардани ҳамвории он ва баланд бардоштани сифати часпиш, мустаҳкам кардани қабати болоии роҳ ва хокреза, барқароркунии иншооти фарсудашудаи роҳ ё иваз кардани он ба иншооти нисбатан мустаҳкам ва камхарҷ, инчунин корҳо ҷиҳати ташкили бехатарии ҳаракат, беҳдошти роҳҳо, ки дар натиҷаи онҳо хусусияти нақлиётиву истифодабарии роҳҳои таъмиршаванда ва иншооти роҳдорӣ барқарор шуда, шартҳои зарурии ҳаракат таъмин мегарданд;
22) фаъолияти роҳдорӣ – лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ, таъмир, нигоҳдорӣ, таъминоти илмию иттилоотӣ ва таъминоти дигари роҳҳои автомобилгард, амалӣ намудани сиёсати ягонаи идоракунӣ ва назорат дар хоҷагии роҳдорӣ, инчунин омодасозии кадрҳо бо ин мақсадҳо;
23) хоҷагии роҳдорӣ – маҷмӯи истеҳсолию хоҷагие, ки ба он роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба фаъолияти роҳдорӣ машғуланд, шомил мебошанд;
24) шиносномакунонии роҳҳои автомобилгард – маҷмӯи корҳои саҳроӣ ва камералӣ оид ба ташхис ва ченкунии роҳҳои автомобилгард.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Принсипҳои танзими давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ
Танзими давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:
1) таъмини ҳаракати озоди мусофирон ва интиқоли бор дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум;
2) таъмини боэътимодӣ ва бехатарии роҳҳои автомобилгард (аз ҷумла бехатарии экологӣ) ва ташаккули шабакаи роҳҳои автомобилгард дар асоси меъёр ва стандартҳои ягонаи техникӣ;
3) назорати давлатии фаъолияти роҳдорӣ оид ба риояи меъёру қоидаҳои муқарраршуда;
4) таъмини баробарҳуқуқии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти роҳдорӣ;
5) рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар шароити шаклҳои гуногуни моликият ба роҳҳои автомобилгард;
6) афзалияти баҳисобгирии манфиатҳои истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти роҳдорӣ;
7) дастрасии иттилоот оид ба роҳҳои автомобилгард ва шароити ҳаракат дар роҳ;
8) васеъ намудани ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ ва мусоидат ба ҳамгироии роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар системаи байналмилалии алоқаи роҳҳо.
Моддаи 4. Намудҳои роҳҳои автомобилгард
1. Роҳҳои автомобилгард вобаста ба таъиноти функсионалӣ ба намудҳои зерин ҷудо мешаванд:
1) роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум (дорои аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, маҳаллӣ, кӯчаҳо ва роҳҳои шаҳрӣ);
2) роҳҳои автомобилгарди истифодаи ғайриумум (дорои аҳамияти идоравӣ, фаръӣ, технологӣ, дохилихоҷагӣ, хизматӣ ва дигар).
2. Роҳҳои автомобилгард аз рӯи тобеият ба субъектҳо ба намудҳои зерин ҷудо мешаванд:
1) роҳҳои автомобилгарди давлатии ҷумҳуриявӣ;
2) роҳҳои автомобилгарди давлатии маҳаллӣ;
3) роҳҳои автомобилгарди хусусӣ, ки ба моликияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мансубанд;
4) роҳҳои автомобилгарди ба консессия супоридашуда.
Моддаи 5. Таснифи техникии роҳҳои автомобилгард
1. Вобаста ба нақши роҳҳои автомобилгард дар шабакаи роҳҳо, таъиноти функсионалӣ ва андозаи нишондиҳандаҳои геометрии онҳо, инчунин шароити ҳаракат дар роҳ роҳҳои автомобилгард дорои таснифи техникӣ мебошанд, ки хосияти истеъмолии онҳоро инъикос мекунад.
2. Таснифи техникии роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
3. Таснифи техникии роҳҳои автомобилгарди идоравӣ ва хусусӣ бояд ба таснифи техникӣ барои роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум мутобиқат намояд.
Моддаи 6. Роҳҳои автомобилгарди истифодаи умуми дорои аҳамияти байналмилалӣ
1. Ба роҳҳои автомобилгарди истифодаи умуми дорои аҳамияти байналмилалӣ роҳҳои автомобилгарди истифодаи умуме дохил мешаванд, ки барои таъмини робитаҳои байналмилалии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои дигар пешбинӣ шудаанд. Мақоми роҳҳои байналмилалӣ тибқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
2. Роҳҳои автомобилгарди истифодаи умуми дорои аҳамияти байналмилалӣ тибқи номгӯи роҳҳои автомобилгарди истифодаи умуми дорои аҳамияти байналмилалӣ муайян карда мешаванд.
3. Тартиби пешбурди номгӯи роҳҳои автомобилгарди истифодаи умуми дорои аҳамияти байналмилалӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 7. Роҳҳои автомобилгарди истифодаи умуми дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ
1. Ба роҳҳои автомобилгарди истифодаи умуми дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ роҳҳои автомобилгарди истифодаи умуме дохил мешаванд, ки маҳалҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҳам мепайванданд.
2. Роҳҳои автомобилгарди истифодаи умуми дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ тибқи номгӯи роҳҳои автомобилгарди истифодаи умуми дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ муайян карда мешаванд.
3. Тартиби пешбурди номгӯи роҳҳои автомобилгарди истифодаи умуми дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 8. Роҳҳои автомобилгарди истифодаи умуми дорои аҳамияти маҳаллӣ
1. Ба роҳҳои автомобилгарди истифодаи умуми дорои аҳамияти маҳаллӣ роҳҳои дар маҳалҳои аҳолинишини шаҳр, шаҳракҳо ва деҳаҳо, кӯчаҳо, гузаргоҳҳо, хатҳои ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ ва роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта дохил мешаванд, ки алоқаи нақлиётиро дар ҳудуди чунин маҳалҳо таъмин менамоянд.
2. Номгӯи роҳҳои автомобилгарди истифодаи умуми дорои аҳамияти маҳаллӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 9. Кӯчаҳо ва роҳҳои шаҳрӣ
1. Ба кӯчаҳо ва роҳҳои шаҳрӣ роҳҳои автомобилгарде дохил мешаванд, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон, инчунин гузаронидани шабакаҳои муҳандисии рӯизаминӣ ва зеризаминиро дар ҳудуди маъмурии шаҳр ва маҳалҳои аҳолинишин таъмин менамоянд.
2. Шабакаи кӯчаҳо ва роҳҳои шаҳрӣ қисми таркибии инфрасохтори дохилии маҳалҳои аҳолинишини шаҳр ва деҳаҳо мебошад ва рушди он дар асоси нақшаҳои генералӣ ташаккул меёбад.
3. Номгӯи кӯчаҳо ва роҳҳои шаҳрӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 10. Роҳҳои автомобилгарди истифодаи ғайри умум
Ба роҳҳои автомобилгарди истифодаи ғайри умум роҳҳои автомобилгарде дохил мешаванд, ки дар идоракунии оперативӣ ва ё пешбурди хоҷагидории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қарор доранд ва барои ҳалли вазифаҳои махсус, таъмини ҳамлу нақли дохилиидоравӣ, хоҷагӣ, фаръӣ, хизматӣ, истеҳсолӣ ва технологӣ таъин шудаанд.
Моддаи 11. Ном ва индекси (шохиси) роҳҳои автомобилгард
1. Ҳамаи роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ном ва индекс (шохис) дошта бошанд.
2. Номи роҳи автомобилгарди истифодаи умум аз номи маҳалҳои аҳолинишине, ки дар аввал ва охири ин роҳ ҷойгиранд, бармеояд, ҳангоми зарурат номи маҳалҳои аҳолинишини мобайниро низ дар бар мегирад. Номи нуқтаи ниҳоии роҳи автомобилгард метавонад аз номи мавзеи ҷуғрофӣ ва иншооти дигар, инчунин бо дар назар доштани воқеаҳои таърихӣ ва анъанаҳои миллӣ амалӣ гардад.
3. Роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум бояд индекс (шохис) дошта бошанд, ки он аз ҳарфи калони ишораҳои роҳ ва рақами тартибӣ иборат мебошад.
4. Ном ва индекси (шохиси) роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум бояд дар харитаҳо ва атласҳои роҳҳои автомобилгард, инчунин дар худи роҳи автомобилгард тавассути гузоштани аломатҳо ва нишонаҳои махсус инъикос ёбанд.
5. Ном ва индекси (шохиси) роҳҳои автомобилгарди истифодаи умуми дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
6. Номи роҳҳои автомобилгарди истифодаи умуми дорои аҳамияти маҳаллӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муқаррар карда мешавад.
7. Индекси (шохиси) роҳҳои автомобилгарди истифодаи умуми дорои аҳамияти маҳаллӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ гузошта мешавад.
8. Ном ва индекси (шохиси) роҳҳои автомобилгарди байналмилалӣ, ки аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаранд, тибқи созишномаҳои байналмилалӣ гузошта мешаванд.
9. Ном ва индекси (шохиси) роҳҳои автомобилгарди идоравӣ ва хусусӣ аз тарафи соҳибони онҳо дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ гузошта мешаванд.
Моддаи 12. Ҳисоби масофа дар роҳҳои автомобилгард
Масофа дар роҳҳои автомобилгард дар байни нуқтаҳои шартии аввал ва охир ба ҳисоб гирифта мешавад, ки аз инҳо иборатанд:
1) бинои почта, биноҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ, иншоот ва ё аломатҳои махсус, ки дар маркази маҳалли аҳолинишин барои роҳҳои пайвасткунандаи нуқтаҳои аҳолинишин гузошта шудаанд;
2) хатти бурриши роҳҳои пайваст барои роҳҳое, ки роҳҳои дигари автомобилгарди истифодаи умум ва ё роҳҳои автомобилгарди ҳамшафати онҳоро пайваст менамоянд;
3) сарҳади ҷуғрофӣ, таърихӣ ва дигар мавзеъҳо - барои роҳҳое, ки ин мавзеъҳоро ба ҳам мепайванданд.
Моддаи 13. Феҳристи давлатии роҳҳои автомобилгард
1. Феҳристи давлатии роҳҳои автомобилгард маҷмӯи маълумотро оид ба тамоми роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба намуд, хусусияти истифодабарӣ ва мансубият, дар бар мегирад. Пешбурди феҳристи давлатии роҳҳои автомобилгардро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ амалӣ менамояд.
2. Ҳангоми баҳисобгирии давлатии роҳҳои автомобилгард арзёбии дарозии он, шиддатнокии ҳаракат, ҳолат ва нишондиҳандаҳои дигаре, ки барои муайян кардани дурнамои рушд, иҷрои тадбирҳо ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии истифодаи роҳҳои автомобилгард истифода мегарданд, амалӣ карда мешаванд.
3. Феҳристи давлатии роҳҳои автомобилгард бо нишон додани ном, индекс ва масофа, арзиши тавозунӣ ва фарсудашавии ҳар як роҳи автомобилгард тартиб дода мешавад.
4. Феҳристи давлатии роҳҳои автомобилгард дар асоси шиносномаҳои техникии роҳҳои автомобилгард ва махзани иттилоот оид ба ҳолати онҳо бо дар назар доштани маълумот оид ба мавҷудият ва намуди рӯйпӯши роҳ, ҷойгиршавии аломатҳои роҳ ва нишонагузории роҳ, масоҳати замини ишғолкардаи роҳи автомобилгард ва маълумоти дигаре, ки барои банақшагирӣ, рушд ва истифодаи роҳҳои автомобилгард заруранд, тартиб дода мешавад.
5. Тартиби пешбурди феҳристи давлатии роҳҳои автомобилгард аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
БОБИ 2. ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ФАЪОЛИЯТИ РОҲДОРӢ
Моддаи 14. Низоми идоракунии мақомоти давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ
1. Идоракунӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ амалӣ мегардад.
2. Идоракунии роҳҳои автомобилгарди истифодаи ғайриумум аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ин роҳҳо дар ихтиёрашон мебошанд, амалӣ мегардад.
3. Идоракунии роҳҳои автомобилгарди давлатии маҳаллӣ, кӯчаҳо ва роҳҳои шаҳрӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор амалӣ мегардад.
4. Идоракунии роҳҳои автомобилгарди ба консессия супоридашуда аз ҷониби консессиядор дар асоси талаботи шартномаи дахлдори консессионӣ амалӣ мегардад.
Моддаи 15. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ дорои салоҳияти зерин мебошад:
1) пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ;
2) тасдиқи стратегия ва барномаҳои давлатии рушди соҳаи фаъолияти роҳдорӣ;
3) муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ;
4) қабул ва тасдиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ;
5) салоҳияти дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 16. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ
Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:
1) идоракунии роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум;
2) тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста намудани молу мулки ғайриманқули роҳҳои автомобилгарди давлатӣ, инчунин роҳҳои автомобилгард ё қитъаҳои онҳо ба ташкилотҳои махсусгардонидашуда ё ташкилотҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард;
3) муқаррар кардани қоидаҳо, стандартҳо, меъёрҳои техникӣ ва муқаррароти дигар оид ба масъалаҳои лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ, таъмир ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгард;
4) банақшагирии давлатии рушд ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум дар асоси барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5) иҷрои вазифаҳои фармоишгари давлатӣ оид ба таҳия ва амалигардонии барномаҳо дар соҳаи роҳсозӣ, инчунин лоиҳаҳои азнавсозӣ, таъмир ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум;
6) муайян кардани самтҳои мушаххаси истифодаи захираҳои молиявӣ ва идоракунии самарабахши ин воситаҳо;
7) таҳия намудани таснифи техникӣ ва пешбурди феҳристи давлатии роҳҳои автомобилгард;
8) тасдиқи тартиби шиносномакунонии роҳҳои автомобилгард;
9) ташкили ҳисоботи ягонаи оморӣ дар бораи ҳолати роҳҳои автомобилгард;
10) таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои фаъолияти роҳдорӣ;
11) ҷалби манбаъҳои молиявии ғайрибуҷетӣ, аз ҷумла сармоягузориҳои хориҷӣ, барои эҳтиёҷоти сохтмони роҳ ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгард;
12) гузаронидани тадқиқоти илмӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ;
13) ҳамоҳангсозӣ ва амалӣ намудани фаъолияти муштарак бо мақомоте, ки ба рушд ва истифодаи роҳҳои автомобилгард вобастаанд;
14) амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи истифодаи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ, аз ҷумла нисбати роҳҳои автомобилгарди музднок;
15) муқаррар намудани талаботи умумӣ барои ташкили назорати таъмини нигоҳдории роҳҳои автомобилгард;
16) назорати таъмини нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум, кӯчаҳо ва роҳҳои шаҳр;
17) таҳияи самтҳои асосии сиёсати сармоягузорӣ дар соҳаи рушди роҳҳои автомобилгард ва амалӣ намудани фаъолияти роҳдорӣ;
18) пешниҳод ҷиҳати ба шакли музднок гузаронидани роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум, қитъаҳои ишорашудаи роҳҳои автомобилгард ва оид ба қатъи чунин шакли истифода;
19) муқаррар намудани тартиби ҷорисозии маҳдудиятҳои муваққатӣ ё қатъи ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои автомобилгард;
20) муайян намудани арзиши хизматрасониҳо оид ба пайвастшавии иншооти хизматрасонии роҳ бо роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар роҳҳои автомобилгарди ба консессия супоридашуда дар мувофиқа бо консессиядор;
21) таҳияи тартиби истифодаи роҳҳои автомобилгард ҳангоми ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо вобаста ба мудофиаи гражданӣ, омодагӣ ба сафарбарӣ, бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода дар роҳҳои автомобилгард тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
22) таъминоти иттилоотии истифодабарандагони роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум;
23) пешниҳоди меъёрҳои хароҷоти молиявии сохтмон, азнавсозӣ, таъмир ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум ва қоидаҳои ҳисобкунии ҳаҷми маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ барои ин мақсадҳо;
24) муқаррар намудани таснифи корҳо оид ба сохтмон, азнавсозӣ, таъмир ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгард, инчунин таъмини назорат аз рӯи иҷрои корҳои роҳсозӣ ва сохтмонӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдори назорати давлатӣ;
25) иҷрои ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст.
Моддаи 17. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ
Ба ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ дохил мешаванд:
1) таъмини татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ дар маҳал;
2) таъмини фаъолияти мутақобилаи субъектҳои хоҷагии роҳдорӣ;
3) ҳифзи роҳҳои автомобилгард дар ҳамкорӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ ва консессиядор;
4) дар мувофиқа бо соҳибони роҳҳои автомобилгард маҳдуд ва қатъ кардани ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард;
5) иштирок дар таҳия ва иҷрои барномаҳои рушд ва такмили шабакаи роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум, кӯчаҳо ва роҳҳои шаҳрӣ;
6) ташкил ва истифодабарии таваққуфгоҳҳои музднок дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум, кӯчаҳо ва роҳҳои шаҳрӣ;
7) иҷрои ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст.
Моддаи 18. Иҷозатномадиҳӣ ва иҷозатдиҳӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ
Фаъолияти роҳдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият ва низоми иҷозатдиҳӣ амалӣ мегардад.
Моддаи 19. Аттестатсияи кормандони соҳаи фаъолияти роҳдорӣ
Кормандони соҳаи фаъолияти роҳдорӣ, ки аз натиҷаи фаъолияти онҳо эътимоднокию бехатарии роҳҳои автомобилгард вобастаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ бояд аз аттестатсия гузаранд.
БОБИ 3. АСОСҲОИ ИҚТИСОДИИ ФАЪОЛИЯТИ РОҲДОРӢ ВА НИГОҲДОРИИ РОҲҲОИ АВТОМОБИЛГАРД
Моддаи 20. Маҷмӯи молу мулки роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум
1. Ба маҷмӯи молу мулки роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум роҳҳои автомобилгард, аз ҷумла бино, иншоот ва таҷҳизоте, ки барои нигоҳдории онҳо заруранд (ба истиснои бино, иншоот, техника, таҷҳизот ва дигар дороиҳое, ки моликияти консессиядор мебошанд), дохил мешаванд.
2. Роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум роҳҳои асосии нақлиётӣ дар ҷумҳурӣ буда, моликияти давлат маҳсуб меёбанд ва хусусӣ гардонида намешаванд.
3. Ба консессия додани роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум ва ё қитъаи онҳо метавонад мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи консессияҳо ва шарикии давлат бо бахши хусусӣ амалӣ карда шавад.
Моддаи 21. Идоракунии маҷмӯи молу мулки роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум
1. Идоракунии маҷмӯи молу мулки роҳҳои автомобилгарди истифодаи умумро ташкилотҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ва дигар ташкилотҳои махсусгардонидашуда ва ё консессиядор дар муҳлати муқаррарнамудаи консессия амалӣ менамоянд.
2. Ташкилотҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ таъсис дода мешаванд. Роҳбарони ташкилотҳои мазкур аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
3. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот метавонанд ташкилоти дахлдори нигоҳдории роҳҳои автомобилгардро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис диҳанд.
4. Барои идоракунӣ ба шахсони ҳуқуқӣ додани роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум ва ё қитъаи онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартнома сурат мегирад.
Моддаи 22. Ҳамкории субъектҳои хоҷагии роҳдорӣ ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ
1. Субъектҳои хоҷагии роҳдорӣ сохтмон ва истифодабарии роҳҳои автомобилгардро таъмин карда, дар асоси омилҳои ягонаи фаъолияти роҳдорӣ, шаклҳои гуногуни моликият ва рақобат фаъолият менамоянд.
2. Иҷрои корҳои лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ, нигоҳдорӣ, ташхис ва санҷиши роҳҳои автомобилгард дар асоси шартнома, ки байни мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ ва шахсони ҳуқуқӣ дар асоси озмун баста шудаанд, амалӣ мегардад.
3. Иҷрои корҳои сохтмонӣ, азнавсозӣ ва таъмири роҳҳои автомобилгард дар асоси ҳуҷҷатҳои лоиҳакашӣ ва озмунӣ, ки бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ таҳия ва тасдиқ карда шудааст, сурат мегирад.
4. Назорати сифати иҷрои корҳои роҳсозӣ ва роҳнамоии муҳандисӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ ва шахсони ҳуқуқӣ, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои ин корҳо ҳуқуқ доранд, ба анҷом расонида мешавад.
Моддаи 23. Маблағгузории роҳҳои автомобилгард
1. Манбаи асосии маблағгузории роҳҳои автомобилгарди дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявиро маблағҳои аз буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудокардашуда, инчунин кредитҳо, грантҳо, қарзҳо, кумакҳои техникӣ, сармоягузориҳои дохилӣ ва манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ташкил медиҳанд.
2. Манбаи маблағгузории роҳҳои автомобилгарди дорои аҳамияти маҳаллӣ, кӯчаҳо ва роҳҳои шаҳрӣ маблағи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин кредитҳо, грантҳо, қарзҳо, сармоягузориҳои дохилӣ ва манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, мебошанд.
3. Манбаи маблағгузории роҳҳои автомобилгарди идоравӣ маблағи ташкилотҳое мебошад, ки ин роҳҳо дар тавозуни онҳо қарор доранд.
4. Манбаи маблағгузории роҳҳои автомобилгарди хусусӣ маблағи соҳибони онҳо мебошад.
5. Маблағгузории роҳҳои автомобилгард бояд дар ҳаҷме амалӣ гардад, ки бехатарии ҳаракат дар роҳ ва нигоҳдории роҳро таъмин намояд.
6. Меъёри солонаи маблағгузорӣ барои таъмир ва нигоҳдории як километри роҳҳои автомобилгард вобаста ба категория ва макони ҷойгиршавӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад.
7. Меъёри солонаи маблағгузорӣ барои таъмир ва нигоҳдории як километри роҳҳои автомобилгарде, ки ба консессия супорида шудааст, аз ҷониби консессиядор муайян карда мешавад.
Моддаи 24. Лоиҳакашӣ ва сохтмони роҳҳои автомобилгард
1. Лоиҳакашӣ ва сохтмони роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегиранд.
2. Лоиҳакашӣ ва сохтмони роҳҳои автомобилгарди истифодаи ғайриумум аз ҷониби соҳибони роҳҳои автомобилгард дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ ва дар асоси нақшаи генералии шаҳру ноҳияҳо анҷом дода мешаванд.
3. Лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ, барқарорсозӣ ва таъмири роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан, иншооти сунъӣ, инчунин ободонӣ ва сохтмони иншооти тиҷоратӣ, саноатӣ, нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишворӣ ва иншооти дигари хизматрасонӣ дар ҳудуди роҳ ҷиҳати муайян кардани мутобиқати онҳо ба талаботи қоида, меъёр ва стандартҳои бехатарии роҳҳо бояд аз экспертизаи давлатӣ гузаронида шаванд.
4. Шартҳои лоиҳакашӣ ва сохтмони пулҳо, гузаргоҳҳо ва дигар коммуникатсияи нақлиётӣ, ки аз болои иншооти обӣ мегузаранд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.
5. Роҳҳои автомобилгарди навбунёд, барқароршуда ва таҷдидшуда ба феҳристи давлатии роҳҳои автомобилгард дохил карда мешаванд ва бояд ҳамчун иншооти ғайриманқул дар асоси санадҳои қабули ин гуна иншоот, ки бо тартиби муқарраргардида ба расмият дароварда шудаанд, барои истифода қабул карда шаванд.
Моддаи 25. Қоидаҳои нигоҳдории роҳҳои автомобилгард
1. Нигоҳдории роҳҳои автомобилгард барои таъмини мунтазам ва бехатари иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ сурат мегирад.
2. Қоидаҳои нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
3. Соҳибони роҳҳои автомобилгарди идоравӣ ва хусусӣ роҳҳоро дар ҳолате нигоҳ медоранд, ки риояи талаботи стандартҳои бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин намояд.
Моддаи 26. Талабот оид ба ҷойгиркунӣ ва нигоҳдории воситаҳои техникии ташкили ҳаракат дар роҳ
1. Таҷҳизоти чароғаки роҳнамо, низоми худкори идоракунӣ ва назоратӣ ва таҷҳизотҳои муҳандисии дигар, аломатҳои роҳ ва ишораҳо, нишонаҳои роҳ, таҷҳизоти ҳимояткунанда ва раҳнамоикунанда ва воситаҳои дигари танзими ҳаракат дар роҳ ҳангоми ҷойгиркунӣ бояд ба талаботи стандартҳои давлатӣ ва меъёрҳои техникӣ бо назардошти биниши беҳтар, мувофиқии истифодабарӣ ва хизматрасонӣ, инчунин истиснои имкониятҳои вайроншавии тасодуфӣ мувофиқат намоянд.
2. Воситаҳои техникии ташкили ҳаракат дар роҳ барои ба иштирокчиёни ҳаракат дар роҳҳо расонидани иттилооти зарурӣ оид ба шароити ҳаракат дар роҳ ва танзими ҳаракат дар роҳ пешбинӣ шудаанд.
3. Роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан, ки дар онҳо ҳаракат зиёд аст, бо воситаҳои огоҳкунанда ва алоқаи садамавӣ ҷиҳати даъват намудани ёрии тиббии таъҷилӣ, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва ташкилоти нигоҳдории роҳҳо муҷаҳҳаз гардонида мешаванд.
4. Плазаҳои толлингие, ки барои ҷамъоварии маблағ дар роҳҳои музднок фаъолият менамоянд, бо воситаҳои огоҳкунандаи техникии ташкили ҳаракат дар роҳ таъмин карда мешаванд.
Моддаи 27. Тартиби гузаронидани иншооти муҳандисию кoммуникатсионӣ дар роҳҳои автомобилгард
1. Гузаронидани ҳама гуна иншооти муҳандисию коммуникатсионӣ аз қисмати ҷудошудаи роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум бе мувофиқаи шартҳои техникӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ манъ аст.
2. Иншооти муҳандисию коммуникатсионие, ки ғайриқонунӣ аз қисмати ҷудошуда дар роҳи автомобилгард ва ҳамшафати он гузаронида шудаанд, бояд аз ҳисоби маблағи соҳибони коммуникатсия аз онҳо бароварда шаванд.
3.Фармоишгароне, ки гузаронидани коммуникатсияи муҳандисиро тавассути роҳҳои автомобилгард амалӣ менамоянд, уҳдадоранд зарареро, ки дар натиҷаи иҷрои ин корҳо ба роҳи автомобилгард расонида шудааст, ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ ё соҳибони роҳҳои автомобилгард ё консессиядор ҷуброн намоянд.
4. Ҳангоми гузаронидани ҳама гуна коммуникатсия дар қитъаи замини роҳҳои автомобилгард мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ, соҳибони роҳҳои автомобилгард ва ё консессиядор.
ҳуқуқ доранд рафти иҷрои ин корҳоро назорат карда, ҳангоми ба истифода додан ва қабули давлатии ин коммуникатсия иштирок намоянд.
5. Дар заминҳои роҳҳои автомобилгарди ба консессия супоридашуда гузаронидани ҳама гуна иншооти муҳандисию коммуникатсионӣ бо иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ дар мувофиқа бо консессиядор амалӣ карда мешавад.
Моддаи 28. Гузаронидани коммуникатсияи муҳандисӣ дар иншооти роҳҳои автомобилгард
1. Гузаронидани коммуникатсияи муҳандисӣ дар нақбҳои автомобилгард, пулҳо, гузаргоҳҳо ва иншооти дигари аҳамияти стратегидошта бо иҷозати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартҳои техникии аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ додашуда ё дар мувофиқа бо консессиядор амалӣ карда мешавад.
2. Дар чунин ҳолатҳо тамоми хароҷоти гузаронидани коммуникатсияҳо, ташкили иншооти ба ин мақсад зарур, ба таври иловагӣ мустаҳкам кардани таркиб ва хароҷоти иловагӣ барои нигоҳдории роҳҳои автомобилгардро соҳибони иншооти коммуникатсионӣ ба зимма мегиранд.
3. Соҳибони иншооти коммуникатсионӣ уҳдадоранд истифодабарии онҳоро дар ҳолати дурусти техникӣ мутобиқи меъёрҳое, ки ба вайрон кардани иншооти сунъии роҳҳои автомобилгард роҳ намедиҳанд, таъмин намоянд.
4. Азнавсозӣ, баровардан, гузаронидан ва азнавгузаронии коммуникатсияҳо, ки таъмиру азнавсозии онҳо ба таъмир ва азнавсозии роҳи автомобилгард вобастаанд, аз ҳисоби худи фармоишгари сохтмон амалӣ мегарданд.
Моддаи 29. Буриш ва пайвастшавии роҳҳои автомобилгард бо роҳҳои дигари автомобилгард
1. Сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳҳои буранда ва пайвастшаванда бо роҳҳои дигари автомобилгард дар ҷойҳое иҷозат дода мешаванд, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ нишон дода шудааст ва бо тартиби муқарраргардида ҳуҷҷатҳои лоиҳавии таҳияшуда, мувофиқагардида ва тасдиқшуда мавҷуд бошанд.
2. Ҳамаи хароҷоти бо сохтмони роҳҳои буранда ва пайвастшаванда алоқаманд, аз ҷумла мустаҳкамкунии ҷодаи роҳ ҷиҳати тобоварӣ ба сарбории роҳи автомобилгард, корҳо оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, обпартовҳо ва корҳои дигари муқаррарнамудаи меъёрҳоро фармоишгаре ба зимма мегирад, ки сохтмони роҳҳои буранда ва пайвастшавандаро амалӣ менамояд.
3. Масъулияти дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани роҳҳои пайвастшаванда ба зиммаи соҳибони онҳо гузошта мешавад.
4. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ ё консессиядор, ки роҳҳои автомобилгард ба идоракунии онҳо супорида шудааст, ҳуқуқ доранд аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки бе розигӣ ба корҳои сохтмонӣ, азнавсозӣ, барқароркунӣ ва таъмири роҳҳои автомобилгарди буранда ва пайвастшаванда машғул мебошанд, талаб намоянд, ки иншоотро таҷзия карда, роҳи автомобилгардро ба ҳолати аввала баргардонанд. Дар ҳолати рад кардани иҷрои ин корҳо ё саркашӣ аз қабули уҳдадориҳо ҷиҳати иҷрои онҳо дар муҳлати муайяншуда, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ ва шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва (ё) консессиядор, ки роҳҳои автомобилгард ба идоракунии онҳо супорида шудааст, уҳдадор мебошанд, ки барои ба ҳолати аввала баргардонидани роҳи автомобилгард бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо андешанд ва хароҷоти корҳои барқарорсозиро аз шахсони ин амали ғайриқонуниро анҷомдода ситонанд.
Моддаи 30. Буриши роҳҳои автомобилгард бо роҳи оҳан
1. Мавзеъҳои буриши роҳҳои автомобилгард бо роҳҳои оҳан (гузаргоҳҳои роҳи оҳан) мутобиқи қоидаҳои истифодаи техникии роҳҳои оҳани Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёр ва қоидаҳои шаҳрсозӣ муқаррар мегарданд.
2. Дар сатҳҳои гуногуни буриши роҳи оҳан соҳибони иншооти сунъӣ уҳдадоранд маҷмӯи тадбирҳо ҷиҳати нигоҳдорӣ, хизматрасонӣ ва таъмири иншоот барои таъмини ҳаракати бехатар ва мунтазамро дар онҳо амалӣ намоянд.
3. Дар ҷойҳои буриши роҳи оҳан дар як сатҳ соҳибони роҳҳои оҳан уҳдадоранд қитъаи роҳи автомобилгардро дар масофае, ки қоидаҳои истифодаи техникии роҳи оҳан муайян кардааст, дар ҳолати муносиб нигоҳ доранд.
4. Корҳо оид ба сохтмони буриши роҳи автомобилгард аз болои роҳи оҳан, ки бо таъмири роҳҳои мавҷуда ва сохтмони хатҳои нави роҳи оҳан вобастаанд, аз ҳисоби воситаҳои соҳибони роҳҳои оҳан амалӣ мегарданд. Дар ҳолатҳое, ки сохтмони ин буришҳо бо сохтмони роҳи нав ё васеъ кардани роҳҳои автомобилгарди мавҷуда вобаста бошад, сохтмони буришҳо аз ҳисоби соҳибони роҳҳои автомобилгард сурат мегирад.
5. Ҳангоми сохтмони буриши роҳи автомобилгард аз болои роҳи оҳан соҳибони роҳи оҳан танзими ҳаракати қатораҳоро ташкил карда, барои иҷрои корҳо иҷозат медиҳанд ва шароити техникӣ муҳайё месозанд.
6. Ҳангоми сохтмони буриши роҳи оҳан аз болои роҳи автомобилгард мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ танзими ҳаракати воситаҳои нақлиётро ташкил карда, шартҳои техникиро оид ба иҷрои корҳо мувофиқа менамояд.
7. Қарор дар бораи бастан ё кушодани буриши роҳҳои автомобилгард аз болои роҳи оҳан дар як сатҳ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ ва хулосаи мақомоти назорати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва мақоми идоракунии нақлиёти роҳи оҳан қабул карда мешавад.
Моддаи 31. Назорат, муоина ва ташхиси роҳҳои автомобилгард
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ уҳдадор аст ба таври доимӣ ҳолати роҳҳои автомобилгардро назорат кунад, на камтар аз ду маротиба дар як сол муоина ва ташхиси онҳоро бо мақсади муайян намудани сифати нигоҳдорӣ, эътимоднокӣ ва бехатарӣ, дараҷаи мутобиқати нишондиҳандаҳои истифодабарии нақлиётӣ ба талаботи муқарраргардида гузаронад.
2. Тартиби назорат, муоина ва ташхиси роҳҳои автомобилгард аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 32. Тартиби шиносномакунонии роҳҳои автомобилгард
Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ зимни ба истифода додани роҳҳои автомобилгард шиносномакунонии онҳоро амалӣ менамояд. Тибқи шиносномакунонӣ шиносномаи роҳҳои автомоблгард таҳия карда мешавад, ки дар он маълумоти асосӣ ва нишондиҳандаҳои (параметрҳои) роҳ, аз ҷумла навъи рӯпӯши роҳ, ҷойгиршавии аломату нишонаҳои роҳ, масоҳати замини ишғолкардаи роҳи автомобилгард ва маълумоти дигаре, ки барои банақшагирӣ, инкишоф ва истифодабарии роҳҳои автомобилгард заруранд, дарҷ карда мешавад.
Моддаи 33. Ҳифзи роҳҳои автомобилгард
1. Роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум тибқи тартиби муқарраргардида ҳифз карда мешаванд.
2. Субъектҳои хоҷагии роҳдорӣ масъули ҳолати техникии роҳҳои автомобилгард буда, мутобиқати қоидаву меъёрҳои нигоҳдорӣ ва таъмири роҳҳои автомобилгардро таъмин менамоянд.
3. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ ва соҳибони роҳҳои автомобилгард метавонанд барои ҳифзи роҳҳои автомобилгард ташкилотҳои дахлдорро таъсис диҳанд.
4. Ташкилотҳое, ки ҳифзи роҳҳои автомобилгарди истифодаи умумро амалӣ менамоянд, ҳифзи маҷмӯи молу мулки роҳдориро дар ҳамкорӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ ва соҳибони роҳҳои автомобилгард иҷро менамоянд.
Моддаи 34. Ҳифзи муҳити зист ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти роҳдорӣ
1. Ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти роҳдорӣ талабот ва меъёрҳои бехатарии экологӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ бояд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳоро оид ба ҳифзи муҳити зист пешбинӣ намоянд.
2. Иҷрои корҳо аз рӯи лоиҳаҳое, ки ба сохтмон ва ё азнавсозии роҳҳои автомобилгард вобастаанд, танҳо ҳангоми мавҷуд будани хулосаи мусбати экспертизаи давлатии экологӣ амалӣ мегардад.
3. Ҳангоми лоиҳакашӣ ва таҳияи лоиҳаҳо барои сохтмон ва азнавсозии роҳҳои автомобилгард бояд чорабиниҳо оид ба ҳифзи муҳити зист, эҳёи конҳои сангу рег, ҳудудҳои канори роҳ, майдонҳо, ҷӯйборҳо, заминҳои зарардида бо алафҳои бисёрсола ва шинонидани дарахтон ва буттаҳо пешбинӣ карда шаванд. Ҳуҷҷатҳои лоиҳавию харҷномавӣ дар ҷойҳои истифодаи манбаи об бояд минтақаи санитарӣ, сохтмони таваққуфгоҳҳои муваққатии автомобилӣ, эстакадаҳо ва иншооти муҳофизатӣ барои ҷамъ кардани партовҳои маҳсулоти нафтиро пешбинӣ намояд.
4. Дарахтзори муҳофизавӣ дар ҳудуди роҳҳои автомобилгард бояд аз тарафи соҳибон ё истифодабарандагони дахлдори онҳо ба таври дуруст нигоҳубин карда шаванд.
5. Истифодаи технологияи муосир, маҳсулот, маводи кимиёвӣ дар сохтмон ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгард танҳо пас аз гузарондани экспертизаи дахлдор ва муайян кардани таъсири онҳо ба муҳити зист иҷозат дода мешавад.
6. Ташкилотҳое, ки ба лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ, таъмир ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгард машғуланд, уҳдадоранд корҳоро бо риояи талаботи меъёрҳои бехатарии экологӣ иҷро намоянд.
7. Истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард набояд ба муҳити зист зарар расонанд, замини роҳҳои автомобилгард ва заминҳои ҳамшафати онро ифлос намоянд.
Моддаи 35. Омодасозии роҳҳои автомобилгард ба ҳолатҳои фавқулода
Омодасозии роҳҳои автомобилгард барои истифодабарӣ дар ҳолатҳои фавқулода тавассути субъектҳои хоҷагии роҳдорӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини омодагии роҳҳои автомобилгард амалӣ мегардад.
Моддаи 36. Ташкили низоми баҳисобгирии нишондиҳандаҳои ҳаракат дар роҳ ва бехатарии он
1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми ягонаи баҳисобгирии давлатии нишондиҳандаҳои ҳаракат дар роҳ ва бехатарии воситаҳои нақлиёт, ронандагон, роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан, садама ва ҷароҳатбардорӣ дар нақлиёт ва роҳ, ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ҳаракат дар роҳ муқаррар карда шудааст.
2. Номгӯи нишондиҳандаҳои омории ҳаракат дар роҳ, тартиби баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
БОБИ 4. ЗАМИНҲОИ РОҲҲОИ АВТОМОБИЛГАРД
Моддаи 37. Додани қитъаҳои замин барои ҷойгиркунии роҳҳои автомобилгард
1. Қитъаҳои замин барои ҷойгиркунии роҳҳои автомобилгард тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба замин дода мешаванд.
2. Ба субъектҳои хоҷагии роҳдорӣ ба мақсадҳои хусусияти муваққатидошта замин ба истифодаи муҳлатнок дода мешавад.
3. Бо мақсади сохтмон ва истифодабарии роҳҳои автомобилгард, инчунин иншооти маҷмааи нақлиётӣ бо тартиби муқарраршуда барои истифодабарии бемуҳлат ё муҳлатнок, ҳамчунин заминҳои дигаре, ки ба ҳудуди ҷудошуда ҳамшафат нестанд ва аз тарафи субъектҳои хоҷагии роҳдорӣ ишғол шудаанд, метавонанд ҷудо карда шаванд.
4. Ҳамаи талаф, зарар ва хароҷоте, ки бо гирифтани қитъаи замин барои роҳҳои автомобилгард, ҳамчунин иншооти роҳдорӣ, аз ҷумла пардохти зарари истифодабарандагони замин, вобастаанд, ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки қитъаи замин ба онҳо ҳамчун истифодабарандаи якумдараҷа ҷудо гардидааст, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешаванд.
5. Шиносномаҳои техникии роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда мешаванд.
Моддаи 38. Тартиби истифодабарии замини роҳҳои автомобилгард
1. Барои таъмини бехатарии ҳаракат, ба вуҷуд овардани шароити зарурӣ барои сохтмон ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгард, иҷрои талаботи бехатарии ҳаракат дар роҳ дар тӯли роҳҳо метавонанд қисмати ҳамшафат ва минтақаи захиравии дорои реҷаи махсуси истифодабарӣ ҷудо карда шаванд.
2. Пас аз қабули қарор оид ба муқаррар кардани минтақаи захиравӣ нисбат ба қитъаҳои замини ба қисмати онҳо дохилшаванда метавонанд реҷаи махсуси истифодабарӣ ҷорӣ шавад, ки онҳо метавонанд сохтмони иморат ва иншооти асосиро манъ намоянд ва дар ин хусус заминистифодабарандагонро ба таври хаттӣ дар муҳлати як моҳ огоҳ созанд.
3. Нишондиҳанда ва масоҳати минтақаи захиравӣ тибқи асосноккунии техникию иқтисодӣ муқаррар карда мешаванд.
4. Ҳангоми ба истифодабарӣ додани қитъаҳои замине, ки дар ҳудуди минтақаи захиравӣ қарор доранд, ба шахсони дигари воқеӣ ва ҳуқуқӣ бояд истифодабарандагони ин заминҳо ворисони ҳуқуқии (ворисони) худро аз шартҳои махсуси истифодабарӣ ба таври хаттӣ огоҳ созанд ва ин маълумот бояд дар ҳуҷҷатҳои дахлдори ҳуқуқмуайянкунанда дарҷ карда шавад.
5. Тартиби истифодабарии замини роҳҳои автомобилгард, қисмати ҳамшафат ва минтақаи захиравӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, талабот, стандартҳо, меъёр ва қоидаҳои сохтмон ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгард, бехатарии ҳаракат дар роҳ ва талаботи дигаре, ки Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардаанд, муайян карда мешавад.
Моддаи 39. Қисмати ҳамшафати роҳ
1. Паҳноии қисмати ҳамшафати роҳ, ба истиснои қитъаҳое, ки тавассути маҳалҳои аҳолинишин мегузаранд, аз сарҳади қисмати мошингузари роҳи автомобилгард ҳисоб карда шуда, вобаста ба категорияи техникӣ ва релефи маҳал дар асоси меъёрҳои тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
2. Дар сарҳадҳои қисмати ҳамшафати роҳ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон реҷаи махсуси истифодабарии замин муқаррар мешавад, ки он метавонад манъ намудани сохтмони иморат ва иншооти асосӣ, дигар фаъолияти хоҷагидориро дар бар гирад, ки бехатарии ҳаракат дар роҳ, шароити истифодабарии роҳҳои автомобилгард ва ҷойгиршавии иншоот дар онро (бо дар назар доштани дурнамои онҳо) паст намояд, инчунин барои бехатарии аҳолӣ ва иштирокчиёни ҳаракат хатар эҷод намояд.
3. Қитъаи замин барои сохтмони иншооти хизматрасонии роҳ, хатҳои интиқоли барқ ва инфрасохтори коммуникатсионии дигар дар қисмати ҳамшафати роҳ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳия дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ ва мақоми назорати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, соҳибони роҳҳои автомобилгард, инчунин консессиядор (агар роҳ ба консессия супорида шуда бошад) дода мешавад. Иҷро нагардидани талаботи мазкур барои ба ҳолати аввала баргардонидани қитъаи замин асос мегардад. Хароҷоти ба ҳолати аввала баргардонидани қитъаи замин ба зиммаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки талаботи мазкурро риоя накардаанд, вогузор карда мешавад.
4. Дар ҳолатҳои алоҳида дар асоси пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ бо қарори мақоми назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар сарҳадҳои қисмати ҳамшафати роҳ барои пешбурди фаъолияти кишоварзӣ маҳдудият ҷорӣ карда мешавад.
5. Ба расмият даровардан ва дар маҳал ишора кардани қисмати ҳамшафати роҳ бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
6. Гирифтани қитъаҳои замине, ки дар қисмати ҳамшафати роҳ ҷойгиранд, мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
7. Заминистифодабарандагоне, ки қитъаҳои заминашон дар сарҳади қисмати ҳамшафати роҳ қарор доранд, ба таври хаттӣ аз реҷаи махсусе, ки нисбат ба ин заминҳо истифода мешаванд ва имконияти гирифтани онҳо ба мақсади дар оянда васеъ кардан ва ё азнавсозии роҳҳои автомобилгард мавҷуданд, бояд дар муҳлати як моҳ аз рӯзи қабули қарор оид ба муқаррар кардани андозаи қисмати ҳамшафати роҳ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ огоҳ карда шаванд.
8. Ба субъектҳои хоҷагии роҳдорӣ заминҳои дигаре, ки ба қисмати ҳамшафати роҳ пайваст нестанд, вале бо мақсади сохтмон ва истифодаи роҳҳои автомобилгард заруранд, барои истифодабарии бемуҳлат ва муҳлатнок ҷудо карда мешаванд.
Моддаи 40. Минтақаи захиравии замини роҳҳои автомобилгард
1. Минтақаи захиравии замини роҳҳои автомобилгард барои сохтмон ё азнавсозии роҳҳои автомобилгард тибқи асосноккунии иқтисодию техникӣ, ки бо тартиби муқарраршуда тасдиқ гардидааст, ҷудо карда мешавад.
2. Минтақаи захиравии замини роҳҳои автомобилгард аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ ҷудо карда мешавад.
БОБИ 5. ИСТИФОДАИ РОҲҲОИ АВТОМОБИЛГАРД
Моддаи 41. Тартиби истифодаи роҳҳои автомобилгарди истифодаи ғайриумум
1. Тартиби истифодаи роҳҳои автомобилгарди истифодаи ғайриумумро соҳибони ин роҳҳо муқаррар менамоянд.
2. Роҳҳои автомобилгарди истифодаи ғайриумум бо қарори соҳибони онҳо метавонанд барои истифодаи умум баъди гирифтани хулосаи мусбати мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ ва мақоми назорати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ гузаронида шаванд.
Моддаи 42. Шартҳои ташкили роҳҳои автомобилгарди музднок
1. Рафтуомад дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум, ба истиснои роҳҳои автомобилгарди музднок, ройгон мебошад.
2. Роҳҳои автомобилгарди музднок бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, суръат бахшидан ба инкишофи шабакаҳои роҳҳои автомобилгард бо роҳи ҷалб намудани маблағгузориҳои иловагӣ ҷиҳати сохтмон ва истифодаи роҳҳои автомобилгард ташкил карда мешаванд.
3. Заминҳое, ки барои сохтмони роҳҳои автомобилгарди музднок ҷудо карда мешаванд, бояд танҳо ба таъиноти бевосита - барои сохтмон ва истифодабарии роҳи автомобилгард, инчунин ҷойгиркунии иншооти хизматрасонӣ барои истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард истифода шаванд.
4. Дар пешниҳод оид ба истифодаи роҳҳои автомобилгард ва ё қитъаи муздноки роҳҳои автомобилгард ҳолатҳои зерин бояд нишон дода шаванд:
1) нуқтаҳои оғоз ва анҷоми роҳи автомобилгард ё қитъаи роҳи автомобилгард;
2) номгӯйи буриши роҳи автомобилгард бо роҳҳои автомобилгарди дигар ва нуқтаҳои пайвастшавӣ бо роҳҳои автомобилгарди дигар;
3) тавсифи техникии роҳи автомобилгард ё қитъаи роҳи автомобилгард;
4) дарозии роҳи автомобилгард ё қитъаи роҳи автомобилгард;
5) хатсайр, тавсифи асосии техникӣ, дарозии роҳи автомобилгард ё қитъаи роҳи автомобилгард, ки тавассути онҳо ҳаракати ройгони алтернативии воситаҳои нақлиёт анҷом дода мешавад (агар чунин роҳҳо вуҷуд дошта бошанд);
6) шумораи иншооти сунъӣ (чорроҳа, пулҳо, қубурҳо, хатҳои барқ, инфрасохтори муҳандисию коммуникатсионӣ ва ғайра);
7) муҳлати истифодаи муздноки роҳи автомобилгард ё қитъаи роҳи автомобилгард;
8) ҳудуди заминҳо ва ҳамшафати роҳи автомобилгарди музднок бо нишон додани сарҳадҳои дақиқ ва мушаххаси он.
5. Ба роҳҳои автомобилгарди музднок пулҳо ва нақбҳои музднок, инчунин қитъаҳои алоҳидаи муздноки роҳҳои автомобилгард ва гузариши паромӣ мансуб мебошанд. Тартиби пардохт барои гузаштан аз роҳи автомобилгарди музднок аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар роҳҳои автомобилгарди ба консессия супоридашуда аз ҷониби консессиядор муқаррар мегардад.
6. Пардохти гузариш аз роҳҳои автомобилгарди ба консессия супоридашуда бо гурӯҳбандии воситаҳои нақлиёт муайян карда мешавад. Гурӯҳбандии воситаҳои нақлиёт аз рӯйи иқтидори борбардорӣ ва (ё) вазни пурраи ҷоиз ва (ё) ҳаҷм ва андозаи воситаи нақлиёт (баландӣ, дарозӣ ва паҳноии воситаи нақлиёт) ва (ё) шумораи тири меҳвар ва (ё) дигар нишондодҳои техникӣ, инчунин стандартҳои байналмилалӣ ва нишондодҳои дигар муайян гардида, аз ҷониби консессиядор мустақилона муқаррар карда мешавад.
7. Тарифҳои гузариши воситаҳои нақлиёт тавассути роҳи автомобилгарди ба консессия супоридашуда аз ҷониби консессиядор дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатии зиддиинҳисорӣ муқаррар карда мешаванд.
8. Соҳибони воситаҳои нақлиёте, ки қоидаҳои гузаришро аз роҳи музднок риоя намекунанд, аз ҷумла ба инфрасохтори роҳи музднок ё консессиядор зарари моддӣ мерасонанд ва ё ба ҳаракати мунтазами воситаҳои дигари нақлиёт монеа эҷод менамоянд, зарари расондашударо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн менамоянд.
9. Дар давраи ҳолатҳои фавқулода ва офатҳои табиӣ пардохт аз воситаҳои нақлиёти барои бартараф намудани оқибатҳои табиӣ сафарбаршаванда ситонида намешавад, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи консессионӣ тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
Моддаи 43. Ташкил ва истифодабарии таваққуфгоҳҳои музднок
1. Ташкили таваққуфгоҳҳои музднок ва баҳисобгирии вақти таваққуфи воситаҳои нақлиёт тибқи талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
2. Фаъолияти таваққуфгоҳҳои музднок дар асоси қоидаҳои ташкил ва истифодабарии таваққуфгоҳҳои музднок, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ ё консессиядор тасдиқ карда мешаванд, амалӣ мегардад.
3. Консессиядор метавонад дар роҳҳои автомобилгарди ба идоракунии ӯ супоридашуда бо тартиби муқарраргардида қоидаҳои ташкил ва истифодабарии таваққуфгоҳҳои музднокро тасдиқ кунад ва дар ҳудуди ҳамшафати роҳ нуқтаҳои таваққуфгоҳҳои музднокро ташкил намояд.
Моддаи 44. Ҳуқуқ барои ҳаракати имтиёзнок ё ҳаракати ройгон дар роҳҳои муздноки автомобилгард ё қитъаи роҳҳои автомобилгард
1. Аз пардохти маблағ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои автомобилгарди музднок ва қитъаҳои муздноки роҳи автомобилгард воситаҳои нақлиёти махсус, ки бо дастгоҳҳои махсуси равшанидиҳанда ва садодиҳанда муҷаҳҳаз гардонда шудаанд ва барои амалисозии фаъолияти хадамоти зидди сӯхтор, милитсия, ёрии тиббии таъҷилӣ, хадамоти садамавию наҷотбахшӣ, нозироти ҳарбии автомобилӣ ва колоннаи ҳарбии автомобилӣ, ки бо рақамҳои қайди давлатии фарқкунандаи вазорату идораҳои дахлдор истифода мегарданд, озод карда мешаванд.
2. Соҳиби роҳи муздноки автомобилгард ҳуқуқ дорад дар бораи пешниҳоди ҳаракати боимтиёз ё аз тариқи ройгон гузаронидани воситаҳои нақлиёт ба истифодабарандагони категорияи алоҳида ва нисбат ба категорияҳои муайяни воситаҳои нақлиёт қарор қабул намояд, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи консессионӣ тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
3. Дар сурати истифодаи роҳи автомобилгарди музднок дар асоси шартномаи консессионӣ, консессионер ҳуқуқ дорад пешниҳоди ҳаракати боимтиёз ё ройгони ҳаракати воситаҳои нақлиётро қабул намояд, агар дар шартномаи консессионӣ тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
Моддаи 45. Қоидаҳои истифодаи роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум
1. Қоидаҳои истифодаи роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
2. Тартиби истифодаи роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум дар давраи омодасозӣ ба сафарбарӣ, дар ҳолати ҷанг, ҳангоми бартараф намудани оқибати офатҳои табиӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулода аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 46. Ҳуқуқи истифодабарандагони роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум
Истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ҳуқуқ доранд:
1) дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум ба таври озод ва ройгон ҳаракат намоянд ва борҳояшонро интиқол диҳанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст;
2) ҷуброни зарареро, ки бо сабаби ғайриқаноатбахш будани ҳолати роҳ ва фаъолияти ғайриқонунии субъектони хоҷагии роҳдорӣ ба саломатӣ ва молу мулки онҳо расидааст, талаб намоянд;
3) оид ба хатсайрҳои самти ҳаракат, ҳолати роҳ, маҳдудиятҳои муваққатӣ ва баста шудани ҳаракат, вазни иҷозатдодашуда, андоза ва суръати ҳаракат, ҳудуди қитъаи ҷудошуда, қисмати ҳамшафат ва минтақаи захиравии роҳҳои автомобилгард маълумот гиранд;
4) аз ҳуқуқҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намоянд.
Моддаи 47. Уҳдадориҳои истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард
1. Истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард уҳдадоранд:
1) роҳҳои автомобилгардро вайрон накунанд ё амалҳои дигареро содир накунанд, ки ба роҳҳои автомобилгард зарар расонда, ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон монеъ шаванд;
2) муҳити зистро ифлос накунанд;
3) меъёрҳои дигареро, ки Қонуни мазкур оид ба маҳдуд намудани истифодаи роҳҳои автомобилгард ё ба вуҷуд овардани монеаҳо барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон муқаррар кардааст, вайрон накунанд.
2. Ҳаракати воситаҳои нақлиёти тасмачарх, чарх ва ҷузъҳои дигари таркибӣ дар роҳҳои автомобилгард, ки метавонанд роҳи автомобилгардро вайрон кунанд, роҳ дода намешавад.
3. Шахсони мансабдори мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ ва мақоми назорати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ҳуқуқ доранд воситаҳои нақлиёти дар қисми 2 моддаи мазкур номбаршударо боздошт кунанд ва ҳаракати онҳоро танҳо баъд аз гирифтани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, аз ҷумла пардохти ҷуброни зарари расондашуда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат диҳанд.
4. Соҳибони воситаҳои нақлиёти тасмачарх ва воситаҳои нақлиёте, ки андоза, вазни умумӣ ё сарборӣ ба меҳвари онҳо аз меъёрҳои муқарраргардида зиёданд, зарари ба роҳҳои автомобилгард расонидашударо бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба субъектҳои хоҷагии роҳдорӣ ва (ё) консессиядор ҷуброн менамоянд.
Моддаи 48. Масъулияти субъектҳои хоҷагии роҳдорӣ
Субъектҳои хоҷагии роҳдорӣ, ки фаъолиятро оид ба нигоҳдории кӯчаҳо, роҳҳои шаҳр ва маҳалҳои дигари аҳолинишин амалӣ менамоянд, барои иҷрои корҳои зерин масъул мебошанд:
1) нигоҳдории ҳолати кӯчаҳо, роҳҳои шаҳр ва маҳалҳои дигари аҳолинишин мутобиқи меъёрҳои амалкунанда, аз ҷумла бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон;
2) таъмини сифати корҳо оид ба лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ, таъмир, нигоҳдории кӯчаҳо ва роҳҳои шаҳр, инчунин маҳалҳои дигари аҳолинишин;
3) ҷойгир намудани воситаҳои техникии ташкили ҳаракат дар роҳ, иншооти хизматрасонии роҳ ва воситаҳо барои таблиғот;
4) бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохти ҷуброни зарар ба истифодабарандагони кӯчаҳо ва роҳҳои шаҳр ва маҳалҳои дигари аҳолинишин, ки дар натиҷаи ғайриқаноатбахш будани шароити роҳҳо ба вуҷуд омадаанд;
5) иҷрои вазифаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
Моддаи 49. Уҳдадориҳои шахсони мансабдори масъули сохтмон, азнавсозӣ, таъмир, истифодабарӣ, беҳдошти роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо, гузаргоҳҳои роҳи оҳан ва иншооти дигар
Шахсони мансабдори масъули сохтмон, азнавсозӣ, таъмир, истифодабарӣ ва беҳдошти роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо, гузаргоҳҳои роҳи оҳан, пулҳо, гузаргоҳҳои болои ҳам ва иншооти дигар уҳдадор мебошанд:
1) нигоҳдории иншооти ба зиммаашон вогузоргардидаро дар ҳолате таъмин намоянд, ки ба талаботи муқарраршуда ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ҷавобгӯ бошанд;
2) ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳолатҳое, ки ба бехатарии ҳаракат дар роҳ таҳдид менамоянд, ҷиҳати сари вақт манъ ё маҳдуд кардани ҳаракат тадбирҳо андешанд;
3) ҳангоми иҷрои сохтмон, азнавсозӣ, барқарорсозӣ ва таъмири роҳҳо, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан ба пуррагӣ бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳро таъмин намоянд;
4) ҷойҳои иҷрои кор, ҷойҳоеро, ки дар роҳ, кӯчаҳо, гузаргоҳи роҳи оҳан, мошин ва механизмҳо, масолеҳи сохтмон ва дигар ашё гузошта шудаанд, бо аломатҳои роҳи муносиб, воситаҳои ҳимоякунанда ва роҳнамоикунанда ишора карда, дар торикии шаб ё фаромадани туман бо шуълаи чароғҳои сигналдиҳӣ, ки мутобиқи меъёрҳои ҷорӣ пешбинӣ шудаанд, муайян намоянд;
5) баъди анҷом додани кор дар роҳ, кӯчаҳо, гузаргоҳи роҳи оҳан онҳоро ба ҳолате оранд, ки ҳаракати бемонеа ва бехатари воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардонро таъмин намуда, минтақаи ҳамшафатро бехатар гардонанд;
6) дар сурати ифлос шудани қисмати мошингузари роҳ, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан ба таври фаврӣ барои тоза кардани онҳо ва сари вақт огоҳ намудани иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ оид ба хавфе, ки барои бехатарии ҳаракат ба вуҷуд омадааст, чораҳо андешанд, онҳоро бо воситаҳои техникии танзимкунандаи ҳаракат дар роҳ муҷаҳҳаз намоянд;
7) қитъаҳои садамавию хатарнок ва ҷойҳоеро, ки ҳодисаи роҳу нақлиётӣ зиёд рӯй медиҳад, ошкор намуда, дар ин гуна ҷойҳо оид ба беҳсозии ҳолат ва ташкили ҳаракат барои таъмини бехатарӣ дар роҳ чораҳои зарурӣ андешанд;
8) монеаҳои ҳаракат дар роҳро сари вақт ошкор намуда, бартараф кардани онҳоро таъмин намоянд ва ҳангоми ғайриимкон будан онҳоро бо аломатҳои роҳ, воситаҳои иҳотакунанда ва роҳнамоикунанда муайян намоянд;
9) ҳар моҳ таҳлили садамавии ҳудудиро гузаронида, имконияти партофтани хок, санг ва маводи дигарро дар роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан аз ҷониби воситаҳои нақлиёт пешгирӣ кунанд;
10) ба соҳибони воситаҳои нақлиёт, агар садама дар роҳу нақлиёт бо сабаби нигоҳдории ғайриқаноатбахши истифодабарии роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо, гузаргоҳҳои роҳи оҳан рӯй дода бошад, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн пардохт намоянд;
11) дигар уҳдадориҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, иҷро намоянд.
Моддаи 50. Сарборӣ, андоза ва суръати ҳаракати воситаҳои нақлиёт
1. Ҳангоми сохтмони роҳҳои автомобилгард дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сарборӣ, андоза ва суръати ҳаракат ба назар гирифта мешаванд, ки мутобиқи стандартҳо ва меъёрҳои давлатӣ вобаста ба категорияҳои роҳҳои автомобилгард ва шартҳои дигар муқаррар гардидаанд.
2. Ҳадди ниҳоии суръати ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард бо дар назар доштани намуди воситаҳои нақлиёт ва хусусиятҳои борҳои интиқолшаванда, шиддатнокии ҳаракат, ҳолати роҳ ва обу ҳаво, категорияҳои техникии роҳҳои автомобилгард бо қоида ва меъёрҳои ҳаракат дар роҳ маҳдудшуда, вазни ниҳоӣ ва андозаи воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла андозаи ниҳоии борҳои интиқолшаванда, муқаррар карда мешавад.
3. Меъёр ва қоидаҳои муқарраргардидаи ҳаракат дар роҳ, реҷаи суръат, вазн ва андозаи воситаҳои нақлиёт дар ҳар роҳи автомобилгард тавассути аломатҳои роҳ нишон дода мешаванд.
4. Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ дар мувофиқа бо мақомоти назорати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ҳуқуқ дорад ба таври муваққатӣ маҳдудияти сарборӣ ва суръати ҳаракатро дар асоси санадҳои муоинаи роҳҳои автомобилгард ё ҳангоми гузарондани корҳо дар роҳ ҷорӣ намояд. Дар ҳолати ҷорӣ кардани чунин маҳдудиятҳои муваққатӣ мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ аломатҳои муносибро мегузорад.
Моддаи 51. Маҳдудият ва манъ кардани ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард
1. Маҳдудияти муваққатӣ ё манъ кардани ҳаракат дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум дар ҳолатҳои зерин муқаррар карда мешавад:
1) ҳангоми иҷрои корҳои роҳсозӣ;
2) ҳангоми офатҳои табиӣ, садама ё ҳолатҳои фавқулодаи дигар;
3) ҳангоми ба вуҷуд омадани таҳдид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ ё бехатарии ҳаёти одамон ва дороиҳои роҳ;
4) ҳангоми гузарондани чорабиниҳои оммавӣ, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудаанд;
5) дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Қарор оид ба муваққатан маҳдуд ё манъ намудани ҳаракат вобаста ба мансубияти роҳи автомобилгард аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ ва ё консессиядор дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қабул карда мешавад.
3. Мақоми назорати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ҳуқуқ дорад ба соҳибони роҳҳои автомобилгард огоҳинома оид ба манъ кардани ҳаракат дар роҳ дар ҳолатҳое, ки шароити роҳ ба бехатарии ҳаракат таҳдид намояд, диҳад.
4. Дар сурати қабули қарор оид ба маҳдуд ё манъ кардани ҳаракат дар роҳи автомобилгард субъекти хоҷагии роҳдорӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ ва мақоми назорати бехатарии ҳаракат дар роҳ ҷиҳати танзими ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла тавассути муайян кардани роҳҳои иловагӣ (таворавӣ - алтернативӣ) ҳангоми имконпазирӣ ва талаб накардани хароҷоти иловагӣ чораҷӯӣ мекунад.
5. Субъектҳои хоҷагии роҳдорӣ, ба истиснои воқеаҳое, ки дар ҳолатҳои фавқулода ба вуҷуд меоянд, сари вақт истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии дахлдорро оид ба маҳдуд ё манъ кардани ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард огоҳ месозанд ва оид ба муддати ҷорӣ намудани чунин маҳдудиятҳо ва роҳҳои таворавии имконпазир маълумот пешниҳод менамоянд.
6. Дар сурати маҳдуд ё манъ кардани ҳаракат дар роҳҳои автомобилгарди байналмилалӣ маълумот дар ин бора тавассути мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ бо тартиби муайянгардида ба давлатҳои хориҷӣ расонида мешавад.
Моддаи 52. Ҳаракати воситаҳои нақлиёти дорои сарборӣ ва андозаи аз меъёрҳои муқарраршуда зиёд
1. Ҳаракати воситаҳои нақлиёти дорои сарборӣ, вазн, ҳаҷм ва андозаи аз меъёрҳои муқарраршуда зиёд дар роҳҳои автомобилгард танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ ҳангоми мавҷуд будани иҷозати махсуси мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ сурат мегирад.
2. Дар роҳи автомобилгарди ба консессия супоридашуда ҳаракати воситаҳои нақлиёт мутобиқи меъёрҳои тасдиқгардидаи консессиядор нисбат ба андоза, вазн ва сарборӣ ба тири меҳвари воситаҳои нақлиёт амалӣ карда мешавад. Ҳаракати воситаҳои нақлиёти аз меъёрҳои тасдиқгардидаи консессиядор зиёд мувофиқи шарту талаботи муқаррарнамудаи консессиядор ба роҳ монда мешавад.
3. Додани иҷозати махсус аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ музднок мебошад, ки андозаи он вобаста ба ҷуброни хароҷоте, ки барои барқарор кардани роҳҳои автомобилгард ва иншооти дар онҳо мавҷудбуда сарф мешавад, муқаррар мегардад.
4. Дар роҳҳои ба консессия супоридашуда иҷозат аз тарафи консессиядор бо арзиши муқаррарнамудаи он амалӣ мегардад.
5. Хатсайри ҳаракати воситаҳои нақлиёти дорои сарборӣ ва андозаи аз меъёри муқарраршуда зиёд бояд бо субъектҳои хоҷагидори роҳдории дар ин хатсайр қарордошта, инчунин бо мақомоти назорати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ мувофиқа карда шаванд.
6. Ҳангоме, ки ҳаракати чунин воситаҳои нақлиёт зарурати андешидани тадбирҳои махсусро ҷиҳати мустаҳкам ва беҳсозии роҳҳои автомобилгард, иншоот ва коммуникатсияҳои муҳандисии аз он гузаронидашуда тавассути хатсайри ҳаракати муайяншударо талаб менамояд, бояд дар мувофиқа бо соҳибони чунин иншоот ва коммуникатсия гузаронида шавад. Ҳамаи хароҷот барои тақвият ва сохтмони роҳҳо ва иншоот аз ҳисоби интиқолдиҳанда пардохт мешаванд.
Моддаи 53. Иҷозатдиҳӣ ба гузаштани воситаҳои нақлиёте, ки борҳои хатарнокро интиқол медиҳанд
Иҷозатдиҳӣ барои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёти интиқолдиҳандаи борҳои хатарнок, ки метавонанд боиси таркиш, сӯхтор, ифлосшавӣ ё заҳролудшавии радиоактивӣ ё оқибатҳои хатарноки дигар гарданд, аз тарафи мақомоти назорати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, дар сурати аз ҷониби соҳибони ин борҳо пешниҳод намудани кафолати интиқоли бехатар ва бартараф кардани оқибатҳои имконпазир, сурат мегирад. Интиқоли ин гуна борҳо бо тартиби муқаррарнамудаи шартномаҳои байналмилалӣ амалӣ мегардад.
Моддаи 54. Ташкили ҳаракати ароба ва рондани чорво
1. Ҳаракати ароба, ҳайвоноти саворӣ ва боркаш, инчунин рондани ҳайвоноти хонагӣ дар роҳҳои автомобилгард мутобиқи талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва қоидаҳои истифодаи роҳҳои автомобилгард ташкил карда мешавад.
2. Рондани чорво тавассути роҳҳои автомобилгард дар ҷойҳои махсусе, ки ба ин мақсад пешбинӣ шудаанд, дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ ва дар роҳи ба консессия супоридашуда дар мувофиқа бо консессиядор амалӣ карда мешавад.
Моддаи 55. Гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ дар роҳҳои автомобилгард ва кӯчаҳои шаҳр
1. Намоишу роҳпаймоиҳо дар роҳҳои автомобилгард ва кӯчаҳои шаҳрӣ мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида мешаванд.
2. Мусобиқаҳои варзишӣ (автомобилрониву дучархаронӣ ва чорабиниҳои дигар) бо иҷозати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар мувофиқа бо сохторҳои дахлдори мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ ва мақомоти назорати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ташкил карда мешаванд.
3. Қарор оид ба гузарондани ин чорабиниҳо дар роҳҳои автомобилгард бояд дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ ва бо назардошти таъмини корҳои бетаваққуфи шабакаи роҳ ва имконияти мавҷуд будани роҳҳои таворавӣ қабул карда шавад.
4. Ҳалли ихтилофоти меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, изҳори талаботи сиёсӣ тавассути бастани роҳҳои автомобилгард роҳ дода намешаванд.
Моддаи 56. Равшанидиҳии беруна
Субъектҳои хоҷагии роҳдорӣ тибқи меъёрҳои роҳсозӣ барои таъмини ҳаракати бехатари воситаҳои нақлиёт дар қитъаҳои роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум аз ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин ва иншооти сунъии роҳҳои автомобилгард гузаранда дар гардишҳо ва дар буришҳои роҳҳои автомобилгард бо роҳҳои оҳан бояд таҷҳизоти равшанидиҳии берунаро насб намоянд.
БОБИ 6. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Моддаи 57. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи истифодаи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ
1. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ ва ҳалли мушкилиҳои муқаррар намудани усулҳои умумии танзими ҳуқуқӣ, таъсиси истифодабарӣ ва ҳамгироии онҳо дар системаи байналмилалии коммуникатсияи нақлиётӣ мусоидат менамояд.
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ метавонад узви созмони байналмилалии роҳдорӣ шавад, бо тартиби муқарраргардида ҳамкории байналмилалиро бо мақомоти роҳдории давлатҳои хориҷӣ амалӣ созад, инчунин Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар созмонҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳое, ки истифодаи роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси хатсайри роҳҳои автомобилгарди байналмилалӣ, муқаррар намудани меъёр ва талабот ба роҳҳои автомобилгард ва масъалаҳои дигари ба салоҳияти он вобастабуда муаррифӣ намояд.
3. Истифодаи роҳҳои автомобилгард барои алоқаи автомобилии байналмилалӣ бо шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мешавад.
БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 58. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 59. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» аз 10 майи соли 2002 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2002, №4, қ.1, мод.296; с.2009, №7-8, мод.498; с.2013, №7, мод.527, №12, мод.895; с. 2016, №3, мод.155) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 60. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 25 июни соли 2021, № 1794