ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ МУОМИЛОТ БО ПАРТОВҲОИ РАДИОАКТИВӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №7, мод. 530; Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 с., №1430)
Қонуни мазкур муносибатҳои вобаста ба фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ алоқаманд мебошанд, ба танзим дароварда, барои таъмини ҳифзи аҳолӣ ва муҳити зист аз таъсири зараровари партовҳои радиоактивӣ равона гардидааст. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- партовҳои радиоактивӣ – ҳама гуна ҳолати физикии масолеҳ ё моддаҳои дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ ҳосилшуда, ки дар таркиби худ радионуклидҳо доранд ё бо онҳо олуда шуда, аз меъёрҳои муқарраргардидаи бехатарии радиатсионӣ зиёд мебошанд ва қобили истифодаи минбаъда буда наметавонанд; (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
- партовҳои радиоактивии дарозумр - партовҳои радиоактивӣ, ки сатҳи озодшавии онҳо аз назорати мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ пас аз 300 сол ва беш аз он фаро мерасад;
- партовҳои радиоактивии кӯтоҳумр - партовҳои радиоактивӣ, ки сатҳи озодшавии онҳо аз назорати мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ дар муддати камтар аз 300 сол фаро мерасад;
- истеҳсолкунандагони партовҳои радиоактивӣ - шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки дар натиҷаи фаъолияти онҳо партовҳои радиоактивӣ ҳосил мешаванд; (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
- муомилот бо партовҳои радиоактивӣ - ҳамаи намудҳои фаъолият (аз ҷумла, бо фаъолияти аз истифодабарорӣ, инчунин солимгардонии минтақаи бо партовҳои радиоактивӣ ифлосгашта вобастабуда), ки ба амалиёт, коркарди пешакӣ, коркард, мутобиқгардонӣ, интиқол, нигоҳдорӣ ё гӯронидани партовҳои радиоактивӣ дахл доранд;
- Кадастри давлатии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ - маҷмӯи мураттабшудаи маълумот оид ба объектҳо барои нигоҳдорӣ ё гӯронидани партовҳои радиоактивӣ;
- Феҳристи давлатии партовҳои радиоактивӣ - сабти ҷории мунтазами ҳуҷҷатҳои шакли махсус оид ба ҳосилшавӣ, таркиби физикию кимиёвӣ, ҳаҷм, хусусият, инчунин интиқол, нигоҳдорӣ ва гӯронидани партовҳои радиоактивӣ;
- мутобиқгардонии партовҳои радиоактивӣ - амалиёт вобаста ба омодакунии партовҳои радиоактивӣ барои интиқол, нигоҳдорӣ ва гӯронидан бо роҳи ҷойгиркунии партовҳои радиоактивӣ дар контейнерҳо ё иммобилизатсияи (ҳолати руйпӯшшудаи мустаҳками беҳаракати) онҳо;
- объекти барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинишуда - иншоот, бино ё таҷҳизоте, ки барои ҷамъкунӣ, интиқол, коркард, нигоҳдорӣ ё гӯронидани партовҳои радиоактивӣ пешбинӣ шудааст, инчунин дастгоҳи ядроӣ дар раванди аз истифода баровардан пас аз эътирофи он ҳамчун таҷҳизот барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ;
- коркарди партовҳои радиоактивӣ - амалиёти пешбинигардида оид ба таъмини бехатарӣ ё сарфаи маблағ бо роҳи иваз намудани хусусиятҳои партовҳои радиоактивӣ;
- коркарди пешакии партовҳои радиоактивӣ - ғайрифаъолгардонӣ (дезактиватсия), ҷамъкунӣ ва ба навъҳо ҷудо кардани партовҳои радиоактивӣ;
- аз нав коркард намудани партовҳои радиоактивӣ -намуди амалиёт, ки хусусиятҳои партовҳои радиоактивиро тағйир медиҳад, аз ҷумла, коркарди пешакӣ, мутобиқгардонӣ, инчунин коркарди такрорӣ бо мақсади ташкили истеҳсолот аз партовҳо;
- корхонаи махсусгардонидашудаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ - ташкилоте, ки дар асоси иҷозатнома ҷамъкунии партовҳои радиоактивӣ, коркард, интиқол, нигоҳдорӣ ва (ё) гӯронидани онҳоро амалӣ менамояд;
- маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ - иншоот барои нигоҳдорӣ ё гӯронидани партовҳои радиоактивӣ бо таъмини ҳатмии монеаҳои муҳандисӣ, геологӣ, ҷисмонӣ ва дигар монеаҳо, ки ба паҳншавии радионуклидҳо роҳ намедиҳад;
- муҳофизати ҷисмонӣ ҳангоми муомилот бо партовҳои радиоактивӣ - маҷмӯи чорабиниҳои ташкилию техникии пешгирикунандаи дастрасӣ ва истифодаи бе рухсати партовҳои радиоактивӣ ва истифода бурдани онҳо, муайянкунии саривақтӣ ва манъи амалиёт, ки ба вайроншавии дахлнопазирии партовҳои радиоактивӣ равона карда шудаанд;
- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ - мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ки сиёсати давлатиро оид ба идоракунӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ амалӣ менамояд;
- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ - мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ки сиёсати давлатиро оид ба танзими соҳаи бехатарии радиатсионӣ амалӣ менамояд;- соҳиби объект - соҳиби партовҳои радиоактивӣ ё маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ;
- соҳиби партовҳои радиоактивӣ - шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии дорои партовҳои радиоактивӣ, ки онҳо дар объекти ҳосилшудаашон ё объекти барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинигардида ҷойгиранд ва дорои иҷозатнома барои фаъолияти муомилот бо партовҳои радиоактивӣ мебошанд; (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
- соҳиби маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ - шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки дорои маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ буда, барои фаъолияти муомилот бо партовҳои радиоактивӣ иҷозатнома доранд; (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
- арзёбии бехатарӣ - ҳуҷҷате, ки таҳлили ҷараёни рушди ҳолатҳои фавқулодаи имконпазир, оқибатҳои онҳо ва муқоисаи натиҷаҳо бо меъёрҳои бехатариро дар бар мегирад ва онро метавонад соҳиби объект ва ё шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии салоҳиятдор оид ба гузарондани арзёбии бехатарӣ, ки ба онҳо фармоишгар ҳуқуқи гузаронидани корҳои баҳодиҳиро додааст, тартиб диҳад;
(ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
- асосноккунии техникию иқтисодии зарурати сохтмони объекти барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинигардида ё солимгардонии минтақаи бо партовҳои радиоактивӣ ифлосгашта
- ҳуҷҷате, ки дар он маълумот ҷиҳати ба мақсад мувофиқ будани сохтани объекти барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинигардида, маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ ё солимгардонии минтақаи бо партовҳои радиоактивӣ ифлосгашта, бо таҳлили хароҷот ва натиҷаҳои бадаст меомада пешниҳод карда шудааст ва онро метавонанд шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии салоҳиятдор оид ба гузаронидани асосноккунии техникию иқтисодӣ, ки ба онҳо фармоишгар ҳуқуқи гузаронидани ин корҳоро додааст, тартиб диҳанд; (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
- хулосаи баҳодиҳии таъсири объекти барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинигардида, маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ ё солимгардонии минтақаи бо партовҳои радиоактивӣ ифлосгашта ба аҳолӣ ва муҳити зист - ҳуҷҷате, ки дар он хусусият, шиддатнокӣ ва дараҷаи хатарҳои таъсиррасонандаи объекти барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинигардида, маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ ё солимгардонии минтақаи бо партовҳои радиоактивӣ ифлосгашта ба саломатии аҳолӣ ва ҳолати муҳити зист натиҷагирӣ карда шудааст ва онро метавонанд шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии салоҳиятдор оид ба гузаронидани баҳодиҳии таъсир ба аҳолӣ ва муҳити зист, ки ба онҳо фармоишгар ҳуқуқи гузаронидани корҳои баҳодиҳиро додааст, тартиб диҳанд; (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
- солимгардонии минтақаи бо партовҳои радиоактивӣ ифлосгашта - маҷмӯи чорабиниҳои муҳофизативу техникӣ бо мақсади паст кардани шуоъхӯрии радиатсионӣ, ки минтақаи бо партовҳои радиоактивӣ ифлосгаштаро ба ҳолати пештараи табии имконпазир ё наздик ба он, ё ба ҳолати барои истифодаи минбаъда кофӣ оварда мерасонад;
- мониторинги радиатсионии ҳолати маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ – мушоҳидаи мунтазами маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ бо мақсади муайян кардани тағйироти баамаломада ва саривақт бартараф намудани оқибатҳои таъсири манфии он; (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
- консерватсияи маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ - маҷмӯи чорабиниҳои муҳофизативу техникӣ вобаста бо муваққатан қатъ намудани корҳо оид ба нигоҳдории партовҳои радиоактивӣ дар маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ, ки овардани маҳфузгоҳро ба ҳолати қобили барои барқарор намудани истифодабарии он имконият медиҳад, инчунин бехатарии радиатсионии аҳолӣ ва муҳити зистро таъмин менамояд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
Моддаи 3. Принсипҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ
Принсипҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ инҳо мебошанд:
- афзалияти муҳофизати ҳаёт ва саломатии кормандон, аҳолӣ ва муҳити зист аз таъсири партовҳои радиоактивӣ тибқи меъёрҳои муқарраргардидаи бехатарии радиатсионӣ;
- ҳифзи насли ҳозираю оянда ва муҳити зист аз хатарҳои радиатсионӣ;
- тақсимоти вазифаҳои назорат ва идоракунии давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ;
- татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ бо роҳи таҳия ва иҷрои барномаҳои давлатии дарозмӯҳлат оид ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ;
- таъмини сатҳи камтарини ҳосилшавии партовҳои радиоактивӣ;
- роҳ надодан ба ҷамъшавии ғайриназоратии партовҳои радиоактивӣ;
- таъмини назорати давлатии муомилот бо партовҳои радиоактивӣ;
- кафолати боэътимоди ҷудо нигоҳ доштани партовҳои радиоактивӣ аз муҳити зисти табиӣ ҳангоми асосноккунии бехатарии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ;
- дар мӯҳлати маҳдуд нигоҳдории партовҳои радиоактивӣ дар ихтиёри истеҳсолкунандагони партовҳо бо супоридани минбаъдаи онҳо ба корхонаҳои махсусгардонидашудаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ вобаста ба фаъолияти ҳозира ва ояндаи имконпазир;
- асосноккунӣ ва муносиб гардонидани чораҳои муҳофизатӣ оид ба кам намудани хатарҳои радиатсионии мавҷудбуда ё танзимнашаванда;
- манъ намудани гузаронидани корҳо оид ба гӯронидани партовҳои радиоактивӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки маводи радиоактивию дастгоҳи ядроиро таҳвил ва истифода мебаранд ё дар натиҷаи фаъолияти онҳо партовҳои радиоактивӣ ҳосил мешаванд; (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
- таъмин ва дастгирии бехатарии низоми самарабахши идоракунӣ;
- ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ;
- фаъолияти илмию таҳқиқотӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ.
Моддаи 4. Маблағгузорӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ
1. Маблағгузорӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ аз фонди махсуси давлатӣ ва аз ҳисоби ҷалби дигар сарчашмаҳои манънакардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
2. Тартиби ташкили фонди махсус, ҳаҷми маблағгузорӣ ва тартиби истифодабарии маблағҳои ин фонд аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
3. Хароҷоти гӯронидани партовҳои радиоактивие, ки дар натиҷаи ба охир расидани мӯҳлати истифодабарии манбаъҳои афканишоти ионофар ҳосил шудаанд, аз тарафи соҳибони онҳо ва ё сарпарастон пардохт карда мешавад.
БОБИ 2. ТАНЗИМИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ МУОМИЛОТ БО ПАРТОВҲОИ РАДИОАКТИВӢ
Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ
Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ аз инҳо иборат мебошад:
- муайян намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ;
- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ;
- таъсиси корхонаи махсусгардонидашудаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ;
- таҳия ва тасдиқи тартиби ташкил ва истифодаи маблағҳои фонди махсуси муомилот бо партовҳои радиоактивӣ;
- муқаррар намудани тартиби амали мутақобила ва маҳдудгардонии вазифаҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳангоми ҳифзи саломатии аҳолӣ аз таъсири партовҳои радиоактивӣ, таъмини бехатарии радиатсионӣ вобаста ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ ва роҳ надодан ба ифлосшавии радиоактивии муҳити зист ва назорат аз болои маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ;
- қабул намудани қарор оид ба ҷойгиркунӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон, баистифодадиҳӣ ва азистифодабарории объектҳое, ки барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинӣ гардидаанд, инчунин рӯйпӯш намудани маҳфузгоҳҳо барои гӯронидан; (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
- муайян намудани тартиби интиқоли партовҳои радиоактивӣ тавассути сарҳади давлатӣ ба хориҷа ва ба дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- тасдиқ намудани Феҳристи давлатии партовҳои радиоактивӣ;
- тасдиқ намудани Кадастри давлатии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ;
- қабул намудани қарор оид ба додани қитъаи замин барои сохтмони маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ; (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
- вобаста ба ҳолати мушаххас муайян намудани намуд, ҳаҷм ва тартиби ҷуброн кардани ҳисороти расонидаи маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ ва объектҳои барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинигардида ба шаҳрвандоне, ки дар минтақаи ҷойгиршавии ин маҳфузгоҳҳо ва объектҳо зиндагӣ ва фаъолият мекунанд;
- муайян намудани тартиби ҷорӣ намудан ва андозаи имтиёзҳо ба кормандоне, ки бо партовҳои радиоактивӣ кор мекунанд; (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
- амалӣ намудани салоҳияти дигаре, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
Моддаи 6. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ
Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ дохил мешаванд:
- таҳия ва татбиқи барномаи давлатӣ оид ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ;
- ҳамоҳангсозии корҳо оид ба ҷамъоварӣ, коркард, интиқол, нигоҳдорӣ ва гӯронидани партовҳои радиоактивии саноатӣ, тиббӣ, ташкилотҳои илмию таҳқиқотӣ ва партовҳои радиоактивие, ки дар вақти гузаронидани ин корҳо ба вуҷуд меоянд;
- ташкил намудани фаъолияти корхонаҳои махсусгардонидашудаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ;
- ҳамоҳангсозии корҳо доир ба сохтмон, баистифодадиҳӣ, азнавсозӣ, азистифодабарории объектҳои барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинигардида ва рӯйпӯш намудани маҳфузгоҳҳо барои гӯронидан; (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
- ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ;
- ташкил намудани фаъолият оид ба муайянкунӣ, ташкил ва дастгирии фаъолияти бефосилаи системаи ҳимояи ҷисмонии партовҳои радиоактивӣ, инчунин таъмин намудани назорат дар вақти ҷамъоварӣ, коркард, интиқол, маҳфуздорӣ ва гӯронидани онҳо;
- муқаррар намудани низоми ҳуқуқии минтақаи гирду атрофи корхонаҳо оид ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ ва маҳфузгоҳҳо барои гӯронидани онҳо ва вазъи шаҳрвандоне, ки дар он ҷо зиндагӣ мекунанд; (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
- бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мувофиқа намудани ҷойгиркунӣ, лоиҳакашӣ, сохтмони маҳфузгоҳҳо барои гӯронидани партовҳои радиоактивии дарозумр ва кӯтоҳумр; (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
- ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ; (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
- амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
Моддаи 7. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ дар доираи ваколатҳои худ:
- масъалаи дар ҳудуди худ ҷойгир намудани объектҳои барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинишударо бо дарназардошти манфиатҳои шаҳрвандони дар ин маҳал истиқоматкунанда ва рушди иҷтимоию иқтисодии минтақа, бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа менамоянд;
- дар гузаронидани ташхиси экологии лоиҳаҳои ҷойгиркунӣ, сохтмон ва аз истифода баровардани объектҳое, ки барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинӣ шудаанд ва рӯйпӯш намудани маҳфузгоҳҳо барои гӯронидани партовҳои радиоактивӣ, ки дар минтақаи онҳо ҷойгир шудаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд; (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
- оид ба масъалаҳои ҳимояи лоиҳаҳо вобаста ба ҷойгиркунии сохтмон, аз истифодабарории объекти ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинигардида ва рӯйпӯш намудани маҳфузгоҳҳоро барои гӯронидан вохӯриҳои ҷамъиятӣ ташкил менамояд; (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
- дар мавриди зарурӣ аз соҳибони объектҳое, ки барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинӣ гардидаанд, гузаронидани муоинаи радиологӣ дар атрофи минтақаи ҷойгиршавии ин объектҳо ва натиҷаи онҳоро талаб менамояд;
- таъмин намудани бехатарии аҳолӣ ва муҳофизати муҳити зист дар минтақаҳои худ ва аз омодагии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ҳангоми амалиёт дар ҳолати садамаҳои радиатсионӣ назорат мебаранд;
- дар бартараф намудани оқибатҳои садамаи радиатсионӣ иштирок менамоянд; (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
- омодагиро ба тахлияи (эвакуатсияи) аҳолӣ ва амалӣ намудани онро дар ҳолатҳои зарурӣ таъмин менамоянд; (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
- амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
Моддаи 8. Танзими давлатии бехатарӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ
1. Танзими давлатии бехатарӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ амалӣ менамояд.
2. Ба танзими давлатии бехатарӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ чунин намудҳои фаъолият дохил мешаванд:
- бақайдгирии давлатии партовҳои радиоактивӣ, ҷойҳои гӯронидани онҳо, инчунин ҷойҳои маҳфуздории муваққатии онҳо; (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
- корҳои лоиҳавию ҷустуҷӯӣ оид ба интихоби қитъаи замин барои ҷойгиркунии объектҳои барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинигардида; (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
- лоиҳакашии объектҳо ва воситаҳои нақлиёте, ки барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинӣ гардидаанд, озмоиш, тайёр намудан ё сохтмони онҳо;
- ба истифода додан, ба кор даровардан, аз истифода баровардани объектҳои барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинигардида ва маҳфузгоҳҳо барои гӯронидан ва гузаронидани корҳои батартибандозӣ оид ба таъмини бехатарӣ дар маҳфузгоҳҳо барои гӯронидан пас аз баста шудани онҳо ва инчунин солимгардонии минтақаи бо партовҳои радиоактивӣ ифлосгашта;
- ҳосилшавӣ ва муомилот бо партовҳои радиоактивӣ, аз ҷумла интиқол ва гӯронидани онҳо.
3. Номгӯи мақомот ва муассисаҳои давлатиро, ки дар танзими муносибатҳои вобаста ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ иштирок мекунанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
4. Таҳия ва тасдиқи меъёрҳо, қоидаҳо ва стандартҳо вобаста ба муомилот бо партовҳои радиоактивиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ амалӣ менамояд.
5. Барои амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома дода мешавад.
БОБИ 3. ӮҲДАДОРИҲОИ ШАХСОНИ ҲУҚУҚӢ ВА СОҲИБКОРОНИ ИНФИРОДӢ ҲАНГОМИ МУОМИЛОТ БО ПАРТОВҲОИ РАДИОАКТИВӢ
(ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
Моддаи 9. Ӯҳдадориҳои шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ҳангоми муомилот бо партовҳои радиоактивӣ
(ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ҳангоми муомилот бо партовҳои радиоактивӣ дорои ӯҳдадориҳои зерин мебошанд: (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
- таъмин намудани бехатарӣ ҳангоми лоиҳакашӣ, интихоби қитъаи замин, сохтмон, баистифодадиҳӣ ва аз истифодабарории иншоот ва таҷҳизоти барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинигардида; (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
- саривақт анҷом додани аз нав арзёбии бехатарии объектҳои амалкунандаи барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинигардида, то ки дар мавриди зарурӣ, ҳамаи такмилдиҳии амалан дастрас ба мақсади баланд бардоштани бехатарии чунин объектҳо иҷро шаванд;
- меъёрҳо, қоидаҳо, стандартҳо, талаботи санадҳои меъёрии техникӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро нисбат ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ риоя намоянд; (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
- таъмин намудани таҳия ва амалисозии барномаҳои бехатарии муомилот бо партовҳои радиоактивӣ;
- пешбурди бақайдгирии партовҳои радиоактивӣ;
- таъмин намудани ҳифзи ҷисмонии партовҳои радиоактивӣ;
- таъмин намудани мониторинги радиатсионии ҷойи нигоҳдорӣ ё маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ; (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
- саривақт огоҳ намудани мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар сурати рӯй додани офатҳои табиӣ ва техногенӣ дар объектҳои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ;
- андешидани чораҳои зарурӣ барои бартараф намудани садамаҳои радиатсионӣ, таъмини тахлияи (эвакуатсияи) аҳолӣ, ҳифзи кормандон ва муҳити зист;
- таъмин намудани иҷрои чорабиниҳое, ки ба баланд бардоштани сатҳи бехатарии кормандон, аҳолӣ ва ҳифзи муҳити зист дар объектҳои зертобеъ барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинишуда, равона шудаанд;
- ҷуброни зарар аз садамаҳои радиатсионӣ дар вақти муомилот бо партовҳои радиоактивӣ.
Моддаи 91. Талаботи умумӣ ба истеҳсолкунандагони партовҳои радиоактивӣ
(ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
1. Истеҳсолкунандагони партовҳои радиоактивӣ ҳар сол истифодаи мавод, моддаҳо, таҷҳизот ва ашёи дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ ҳосилшавандаро, ки дар таркибашон радионуклидҳо аз меъёрҳои муқарраргардидаи бехатарии радиатсионӣ зиёд мебошанд ва қобили истифодаи минбаъда буда наметавонанд, муайян менамоянд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
2. Истеҳсолкунандагони партовҳои радиоактивӣ интиқоли партовҳои радиоактивиро ба маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилона ё тавассути корхонаи махсусгардонидашудаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ таъмин менамоянд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
Моддаи 10. Муносибатҳои мутақобилаи корхонаҳои махсусгардонидашудаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ бо истеҳсолкунандагони партовҳои радиоактивӣ
1. Гӯронидани партовҳои радиоактивӣ танҳо аз ҷониби корхонаҳои махсусгардонидашудаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ дар сурати мавҷуд будани иҷозатнома иҷро карда мешавад.
2. Истеҳсолкунандагони партовҳои радиоактивӣ партовҳои радиоактивиро ба корхонаҳои махсусгардонидашудаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ тибқи меъёрҳо, қоидаҳо ва стандартҳои тасдиқшуда месупоранд.
3. Партовҳои радиоактивӣ аз лаҳзаи ба имзо расидани ҳуҷҷатҳо оид ба супоридани партовҳои радиоактивӣ аз ҷониби тарафҳо ба моликияти давлатӣ мегузаранд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
4. То гузаштани партовҳои радиоактивӣ ба моликияти давлатӣ масъулият оид ба ҳифзи радиатсионӣ ва бехатарии муомилот бо партовҳои радиатсионӣ ба зиммаи истеҳсолкунанда аст. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
5. Корхонаҳои махсусгардонидашудаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ метавонанд коркарди пешакии партовҳои радиоактивиро дар корхона ва муассисаҳое, ки дар он ҷо ин партовҳо ба вуҷуд омадаанд, амалӣ намоянд.
6. Ҳамкории мутақобилаи байни истеҳсолкунандагони партовҳои радиоактивӣ ва корхонаҳои махсусгардондашудаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ дар асоси шартномаҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегиранд.
Моддаи 11. Муносибатҳои мутақобилаи корхонаҳои махсусгардонидашудаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот
1. Муносибатҳои мутақобилаи корхонаҳои махсусгардонидашудаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳо ба танзим дароварда мешаванд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
2. Бартараф намудани мухолифат дар марҳилаҳои лоиҳакашӣ, сохтмон, истифодабарӣ, аз истифода баровардан ё бастани объект бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
БОБИ 4. БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ПАРТОВҲОИ РАДИОАКТИВӢ ВА МАҲФУЗГОҲҲОИ ПАРТОВҲОИ РАДИОАКТИВӢ
(ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
Моддаи 12. Бақайдгирии давлатии партовҳои радиоактивӣ ва маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ
(ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
1. Бақайдгирии давлатии партовҳои радиоактивӣ ва маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ барои ҷамъоварӣ ва нигоҳдории маълумоти зарурӣ бо мақсади таъмини фаъолияти низоми давлатии муомилот бо партовҳои радиоактивӣ, пешгирӣ намудани имконияти ҷамъшавии беназорати партовҳои радиоактивӣ, таъмин намудани назорати фаврӣ оид ба ҷойгиршавӣ ва интиқоли партовҳои радиоактивӣ, шароити нигоҳдорӣ ва гӯронидани онҳо гузаронида мешавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
2. Бақайдгирии давлатии партовҳои радиоактивӣ дар бар мегирад:
- пешбурди Феҳристи давлатии партовҳои радиоактивӣ;
- пешбурди Кадастри давлатии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ ва номгӯи маконҳои нигоҳдории муваққатии партовҳои радиоактивӣ.
3. Барои ба таври доимӣ таъмин намудани аз нав барқароркунӣ ва саривақт ворид намудани тағйирот ба Феҳристи давлатии партовҳои радиоактивӣ ва Кадастри давлатии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ барӯйхатгирии мунтазами давлатии партовҳои радиоактивӣ ва маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ, аз ҷумла маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивии дар минтақаи истеҳсолкунандаи ин партовҳо ҷойгирбуда, гузаронида мешаванд. Феҳристи давлатии партовҳои радиоактивӣ ва Кадастри давлатии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ бемӯҳлат (доимӣ) бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ» нигоҳ дошта мешаванд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
4. Ташкил ва таъмин намудани фаъолияти системаи баҳисобгирии партовҳои радиоактивро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ амалӣ менамояд.
Моддаи 13. Феҳристи давлатии партовҳои радиоактивӣ
1. Пешбурди Феҳристи давлатии партовҳои радиоактивиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ амалӣ менамояд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
2. Мақомот ва муассисаҳои давлатии дар танзими муносибатҳои вобаста ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ иштироккунанда, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои ворид намудан ба Феҳристи давлатии партовҳои радиоактивӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ маълумот пешниҳод менамоянд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
Моддаи 14. Кадастри давлатии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ
1. Пешбурди Кадастри давлатии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ амалӣ менамояд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
2. Ба Кадастри давлатии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ маълумоти ҳуҷҷатнокшуда вобаста ба макон ва мӯҳлати ҷойгиронии партовҳои радиоактивӣ, макони маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивии дарозумр ва консерватсияи онҳо, хусусиятҳои миқдорӣ ва сифатии партовҳои радиоактивӣ, низоми назорат ва мониторинги маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ дохил карда мешаванд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
БОБИ 5. ТАРТИБИ МУОМИЛОТ БО ПАРТОВҲОИ РАДИОАКТИВӢ
Моддаи 15. Нигоҳдорӣ ва гӯронидани партовҳои радиоактивӣ
1. Нигоҳдорӣ ва гӯронидани партовҳои радиоактивӣ танҳо дар ҷойҳои махсуси таъиншуда ва дар объектҳои аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ муайяншуда ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ иҷозатдодашуда роҳ дода мешавад.
2. Дар вақти нигоҳдорӣ ё гӯронидани партовҳои радиоактивӣ ҷудо нигоҳ доштани онҳо аз муҳити зист бо маҷмӯи монеаҳои табиӣ ва сунъӣ таъмин карда мешавад.
3. Бехатарии радиатсионии нигоҳдорӣ ва маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ дар шароити муқаррарӣ бо риояи меъёрҳо, қоидаҳо, стандартҳо оид ба бехатарии радиатсионӣ ва ядроӣ, инчунин бехатарии идоракунии партовҳои радиоактивӣ таъмин карда мешавад.
4. Бехатарии радиатсионии нигоҳдории партовҳои радиоактивӣ ва маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ ҳангоми истифодабарии муқаррарӣ, ҳодисаҳои фавқулоддаи табиӣ (заминларза, обхезӣ, тӯфон ва монанди онҳо) ё ҳолатҳои садамавӣ бо чорабиниҳои лоиҳавии илмӣ асосноккардашудаи ба вуҷуд омадани ҳодисаҳои имконпазир, ки тавассути онҳо зиёд нашудани ҳадди бо меъёрҳо, қоидаҳо ва стандартҳои бехатарии радиатсионӣ муқарраркардашуда дастрас мегардад, таъмин карда мешаванд. Масъулият оид ба омода намудани арзёбии бехатарӣ дар чаҳорчӯбаи асосноккунии бехатарӣ ба зиммаи соҳиби объект гузошта мешавад.
5. Гӯронидани партовҳои радиоактивии дарозумр танҳо дар намуди ҳолати сахт, шаклҳои геологии устувор бо интиқоли ҳатмии онҳо ба намуди бехатари таркишӣ, сӯхторӣ ва ядроӣ амалӣ карда мешавад, ки безарар гардидани онҳоро дар ҳудуди қитъаи ҷудокардашудаи қаъри замин кафолат медиҳад.
6. Гӯронидани партовҳои радиоактивии кӯтоҳумрро дар ҳолати сахт дар маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивии назди сатҳи заминӣ ва рӯизаминии маҳфузгоҳҳо амалӣ кардан мумкин аст.
7. Дар тамоми мӯҳлати нигоҳдорӣ ё гӯронидани партовҳои радиоактивӣ назорати мунтазами ҳолати онҳо, шароити радиатсионии нигоҳдорӣ ва маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ ва муҳити зист аз ҷониби соҳиби объект бурда мешавад.
Моддаи 16. Таъмини муҳофизати ҷисмонӣ ҳангоми муомилот бо партовҳои радиоактивӣ
1. Таъмини муҳофизати ҷисмонӣ ҳангоми муомилот бо партовҳои радиоактивӣ ба зиммаи соҳиби партовҳои радиоактивӣ вогузор карда мешавад.
2. Сатҳи муҳофизати ҷисмонӣ, ки таъмини он талаб карда мешавад, бояд ба сатҳи хатарнокии радиатсионӣ ва хусусияти партовҳо баробарандоза бошад.
3. Фаъолият оид ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ манъ карда мешавад, агар чорабиниҳо нисбат ба таъмини бехатарии муҳофизати ҷисмонӣ андешида нашуда бошанд.
4. Тартиби ташкил намудани муҳофизати ҷисмониро ҳангоми муомилот бо партовҳои радиоактивӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд.
Моддаи 17. Интиқоли партовҳои радиоактивӣ
1. Интиқоли партовҳои радиоактивӣ дар асоси меъёрҳо ва қоидаҳои аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ муайянгардида амалӣ карда мешавад ва он маълумоти зеринро дар бар мегирад: (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
- тартиби интиқоли онҳо;
- ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои боринтиқолдиҳанда, боркашон ва қабулкунанда;
- чораҳои бехатарӣ;
- талабот ба борҷома ва воситаҳои нақлиёт;
- чорабиниҳо дар ҳолати рух додани ҳодисаҳои садамаи нақлиётӣ дар вақти интиқоли партовҳои радиоактивӣ;
- пешгирӣ ва чорабиниҳо оид ба бартараф намудани оқибатҳои эҳтимолии садамаҳои радиатсионӣ;
- чорабиниҳои муҳофизати ҷисмонӣ.
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор маҷмӯи чорабиниҳоро оид ба интиқоли партовҳои радиоактивӣ таҳия менамоянд.
3. Шароит ва реҷаи интиқоли партовҳои радиоактивӣ бо роҳи ҳавоӣ, оҳан, обӣ ва нақлиёти автомобилӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ ва вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа карда мешаванд.
4. Дар сурати ба амал омадани садамаи радиатсионӣ ҳангоми интиқоли партовҳои радиоактивӣ дар нақлиёт, масъулият оид ба бартарафсозӣ, инчунин ҳифзи кормандон, аҳолӣ, муҳити зист ва маводи қимматнок ба зиммаи боринтиқолдиҳанда гузошта мешавад, агар тибқи шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
Моддаи 18. Истифодабарии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ
1. Истифодабарии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ тибқи меъёрҳо, қоидаҳо ва стандартҳо оид ба бехатарии радиатсионӣ ва талаботи бехатарӣ оид ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ бо таъмин намудани мониторинги радиатсионии ҳолати маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ анҷом дода мешавад.
2. Назорати ҳолати муҳити зист дар минтақаи ҷойгиршавии маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
3. Саривақт огоҳкунии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба вайронкунии тартиб дар вақти истифодабарии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ ба зиммаи роҳбарони корхонаҳои махсусгардонидашудаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ гузошта мешавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
4. Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ иҷрои чорабиниҳоеро, ки ба истифодаи босамари маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивии амалкунанда равона гардидаанд, таъмин менамоянд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
5. Низоми махсус дар ҳудуди маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ, дар минтақаи назоратӣ ва минтақаи муҳофизати санитарӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
Моддаи 19. Консерватсияи маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ ва солимгардонии минтақаи бо партовҳои радиоактивӣ ифлосгашта
1. Консерватсияи маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ ва солимгардонии минтақаи бо партовҳои радиоактивӣ ифлосгашта, ки аз экспертизаи давлатӣ гузаштааст, бо қарори мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ, ки бо мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ ба мувофиқа расидааст, амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
2. Қатъ намудани қабули партовҳои радиоактивӣ ва ё консерватсияи маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ ва солимгардонии минтақаи бо партовҳои радиоактивӣ ифлосгашта тибқи лоиҳаи консерватсияи маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ ва солимгардонии минтақаи бо партовҳои радиоактивӣ ифлосгашта, меъёрҳо, қоидаҳо ва стандартҳои бехатарии радиатсионӣ амалӣ карда мешавад.
3. Баъди консерватсияи маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ паст кардани эҳтимолияти дастрасии ғайриқонунӣ ба маҳфузгоҳи консерватсияшуда таъмин карда мешавад. Пас аз солимгардонии минтақаи бо партовҳои радиоактивӣ ифлосгашта дар минтақа паст кардани эҳтимолияти дастрасии ғайриқонунӣ ба он таъмин карда мешавад ё ба истифода ба фаъолияти иҷозатдодашуда дода мешавад.
4. Масъулият оид ба нигоҳдории ҳуҷҷатҳое, ки объектро тавсиф мекунанд, нишонаҳои огоҳкунанда, монеаҳо ва ба ин монанд ба зиммаи соҳиби объект гузошта мешавад.
5. Низоми махсус дар ҳудуди маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ, дар минтақаи назоратӣ ва минтақаи муҳофизати санитарӣ баъди рӯйпӯш намудани онҳо дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
Моддаи 20. Иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ
Иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" амалӣ карда мешавад.
БОБИ 6. ТАРТИБИ ҶОЙГИРКУНӢ, ЛОИҲАКАШӢ, СОХТМОН ВА БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ОБЪЕКТИ БАРОИ МУОМИЛОТ БО ПАРТОВҲОИ РАДИОАКТИВӢ ПЕШБИНИГАРДИДА
Моддаи 21. Қабули қарор оид ба гузаронидани корҳои лоиҳавию ҷустуҷӯӣ барои ҷойгиркунии объекти барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинигардида
1. Қарори сохтмони объектро, ки барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинӣ гардидааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мекунад.
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро, ки дар минтақаи онҳо сохтмон ба нақша гирифта шудааст, оид ба қабули қарор барои сохтмони маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ ё иншооте, ки барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинӣ гардидаанд, инчунин оид ба мавҷуд будани корҳои лоиҳавию ҷустуҷӯӣ дар қитъаи замин ба нақшагирифташуда хабардор менамояд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
3. Пешниҳоди корхонаи махсусгардонидашудаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ вобаста ба қитъаи замин дар сурати мавҷуд будани маълумоти зерин баррасӣ карда мешавад: (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
- маълумоти зарурӣ дар бораи объекти бунёдшаванда ва чорабиниҳои маҳдудкунандаи таъсири манфии ин объект ба саломатии аҳолӣ ва вазъи муҳити зист;
- хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ;
- хулосаи экспертизаи давлатӣ оид ба бехатарии радиатсионӣ ва ядроӣ.
4. Хулосаҳои ин экспертизаҳо ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ барои шиносшавӣ бояд дастрас бошанд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
5. Агар майдончаи барои сохтани маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ ё объект, ки барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинӣ гардидааст, корношоям эътироф гардад, соҳиби маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ бояд корҳоро оид ба солимгардонии минтақа ва бартарафсозии ҳамаи оқибатҳои зарари экологӣ, ки дар натиҷаи гузаронидани корҳои лоиҳавию ҷустуҷӯӣ ба вуҷуд омадаанд, анҷом диҳад.
Моддаи 22. Тартиби қабул намудани қарор оид ба додани қитъаи замин барои сохтмони маҳфузгоҳ ё иншооти барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинигардида
(ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баррасии масъалаи додани қитъаи замин барои сохтмони маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ ё объекти барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинигардида, пешниҳод ирсол менамояд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
2. Ҷиҳати қабули қарор оид ба додани қитъаи замин барои сохтмони маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд: (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
- тавсифномаи техникии маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ ё объекти барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинигардида;
- асосноккунии техникию иқтисодии зарурати сохтмони объекти барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинигардида, инчунин на камтар аз се тарзи ҷойгиркунии маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ дар қитъаи замин; (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
- арзёбии бехатарӣ, ки аз ҷониби шахсони ҳуқуқию соҳибкорони инфиродии салоҳиятдор оид ба тартиб додани арзёбии бехатарӣ, ки ба онҳо фармоишгар ҳуқуқи гузаронидани ин корҳоро додааст, омода карда шудааст; (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
- таҳлили маълумот нисбат ба бехатарии қитъаи замин, ки дар вақти гузаронидани корҳои лоиҳавию ҷустуҷӯӣ ба даст омадаанд; (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
- тавсифномаи муҳити зисти табиии минтақаи ҷойгиршавии объектҳои барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ таъиншуда ва маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ;
- хулосаи баҳодиҳии таъсири ин объектҳо ва маҳфузгоҳҳо ба аҳолӣ ва муҳити зист;
- пешниҳод ва эродҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот.
3. Қарор оид ба додани қитъаи замин барои сохтмони маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ ва объекти барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинигардидаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул менамояд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
Моддаи 23. Лоиҳакашӣ, сохтмон ва ба истифода додани маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ ё объектҳои барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинигардида
1. Лоиҳакашии маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ ё объектҳои барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинишуда дар мувофиқа бо меъёрҳо, қоидаҳо ва стандартҳо бо истифодаи технологияҳое, ки дар таҷриба, озмоиш ё таҳлил тасдиқ гардидаанд, иҷро карда мешавад.
2. Лоиҳаи маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ бояд ду арзёбии бехатариро дар бар гирад:
- ҳангоми истифодабарии маҳфузгоҳ;
- баъди рӯйпӯш намудани маҳфузгоҳ. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
3. Сохтмони маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ ё объектҳои барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинигардида дар асоси лоиҳаи дахлдори аз экспертизаи давлатӣ ва экологӣ гузашташуда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меъморӣ ва шаҳрсозӣ, инчунин меъёру қоидаҳои сохтмонӣ ва ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои сохтмон, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ дода шудааст, амалӣ мегардад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
БОБИ 7. НИЗОМИ МАХСУСИ МИНТАҚАҲОИ БАРОИ МАҲФУЗГОҲҲОИ ПАРТОВҲОИ РАДИОАКТИВӢ ВА ОБЪЕКТҲОИ БАРОИ МУОМИЛОТ БО ПАРТОВҲОИ РАДИОАКТИВӢ ПЕШБИНИГАРДИДА
(ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
Моддаи 24. Додани қитъаҳои замин барои маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ ва объектҳои барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинигардида
(ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
Қитъаҳои замине, ки барои маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ ё объектҳои барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинӣ гардидаанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
Моддаи 25. Намудҳои фаъолияте, ки дар минтақаи барои маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ ва объектҳои барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ ҷудогардида манъ карда шудаанд
1. Қитъаҳои замине, ки барои маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ ва объектҳои барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинӣ гардидаанд, аз гардиши хоҷагидорӣ бароварда шуда, аз минтақаҳои ҳаммарзи назоратӣ ва муҳофизати санитарӣ ҷудо карда мешаванд.
2. Дар минтақаҳои назоратӣ ва муҳофизати санитарӣ фаъолиятҳои зерин манъ карда мешаванд: (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
- истиқомати аҳолӣ;
- ҳамаи намудҳои истифодабарии об, ҷангал ва қаъри замин, ба истиснои фаъолиятҳо, ки лоиҳаҳои минтақаи назоратӣ ва муҳофизати санитарӣ муайян намудаанд;
- гузаронидани таҳқиқоти илмӣ бе иҷозати махсус;
- бе иҷозати махсус пешбарии фаъолияти кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал бо мақсади ба даст овардани маҳсулот, инчунин сохтмони иншооти таъиноти иҷтимоӣ ва ҷамъиятӣ;
- тибқи натиҷаҳои арзёбии бехатарӣ ҳар гуна фаъолияти дигаре, ки низоми бехатарии радиатсиониро таъмин намекунад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
БОБИ 8. КАФОЛАТҲОИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТӢ БАРОИ МУОМИЛОТ БО ПАРТОВҲОИ РАДИОАКТИВӢ
Моддаи 26. Кафолатҳои иҷтимоӣ барои шаҳрвандоне, ки дар минтақаи ҷойгиршавии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ ва объектҳои барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинигардида зиндагӣ ва фаъолият мекунанд
1. Ба шаҳрвандоне, ки дар минтақаи ҷойгиршавии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ ва объектҳои барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинигардида зиндагӣ ва фаъолият мекунанд, ҳуқуқи ҷуброн кардани хисороти расонидаи ин маҳфузгоҳҳо ва объектҳо кафолат дода мешавад.
2. Масъалаҳо оид ба намуд, ҳаҷм ва тартиби ҷуброн кардани ҳисорот вобаста ба ҳолати мушаххас аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
Моддаи 27. Ҳифзи иҷтимоии кормандоне, ки бо партовҳои радиоактивӣ кор мекунанд
1. Ҳифзи иҷтимоии кормандоне, ки бо партовҳои радиоактивӣ кор мекунанд, бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- суғуртаи ҳатмии тиббӣ;
- имтиёзҳо вобаста ба муайянкунии синну соли нафақа, рӯзи корӣ, иловапулӣ ба маош.
2. Суғуртаи ҳатмии тиббӣ аз ҳисоби корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо новобаста аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқии онҳо, шахсони воқеӣ, ки бо муомилоти (истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ, гӯронидан) партовҳои радиоактивӣ машғуланд, анҷом дода мешавад.
3. Тартиби ҷорӣ намудан ва андозаи имтиёзҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
БОБИ 9. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 28. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ
Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, амалӣ карда мешавад.
Моддаи 29. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
Моддаи 30. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе,
22 июли соли 2013,
№ 1002