ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 1999
Моддаи 1. Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 1999 аз рўи даромад ба маблағи 202146,0 млн. рубл ва аз рўи хароҷот ба маблағи 256210,0 млн. рубл бо барзиёдии хароҷот нисбат ба даромад 54064,0 млн. рубл тасдиқ карда шавад. Андозаи ниҳоии касри Буҷети давлатӣ барои соли 1999 ба маблағи 54064,0 млн. рубл ё 4,8 фоизи маҳсулоти кулли дохилӣ муқаррар карда шавад.
Моддаи 2. Буҷети Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 1999 аз рўи даромад ва хароҷот ба маблағи 26015,0 млн. рубл муқаррар карда шавад.
Моддаи 3. Буҷети Фонди роҳ барои соли 1999 аз рўи даромад ва хароҷот ба маблағи 6200,0 млн. рубл муқаррар карда шавад.
Моддаи 4. Муқаррар карда шавад, ки дар соли 1999 ба Буҷети ҷумҳурӣ андозҳои зерин ворид карда мешаванд:
- андоз аз фурўш - 100 фоиз;
- андоз аз боҷи гумрукӣ ва фаъолияти гумрукӣ - 100 фоиз;
- андози замин - 15 фоиз;
- андоз аз арзиши иловашуда, ки аз тариқи
мақомоти гумрук ворид мешаванд - 100 фоиз;
- акцизҳо, ки аз тариқи мақомоти гумрук
ҷамъ мешаванд - 100 фоиз;
Моддаи 5. Барои соли 1999 фоизи маблағгузорӣ аз андозҳо ва даромадҳои умумидавлатӣ аз андоздиҳандагоне, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ ҷойгир шудаанд, ба буҷети ҷумҳурӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ ба андозаҳои зерин муқаррар карда шавад:
а) андоз аз арзиши иловашуда ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз вилояти Ленинобод, ш.Душанбе ва ш.Турсунзода) – 100 фоиз;
ш.Душанбе 77 фоиз ба буҷети ш.Душанбе ва 23 фоиз ба буҷети ҷумҳурӣ;
Вилояти Ленинобод 60 фоиз ба буҷети вилоят ва 40 фоиз ба буҷети ҷумҳурӣ;
ш. Турсунзода – 100 фоиз ба буҷети ҷумҳурӣ;
аз Роҳи оҳани Тоҷикистон андоз аз арзиши иловашуда – 100 фоиз ба буҷети ҷумҳурӣ;
б) акцизҳо (ба ғайр аз вилояти Ленинобод) – 100 фоиз ба буҷети ҷумҳурӣ;
Вилояти Ленинобод – 60 фоиз ба буҷети вилоят ва 40 фоиз ба буҷети ҷумҳурӣ;
в) андозе, ки соҳибкорони хурд мувофиқи системаи оддӣ месупоранд (ғайр аз ш.Турсунзода) ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо – 100 фоиз;
ш.Турсунзода – 100 фоиз ба буҷети ҷумҳурӣ;
г) андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз вилояти Ленинобод) – 100 фоиз;
Вилояти Ленинобод – 70 фоиз ба буҷети вилоят ва 30 фоиз ба буҷети ҷумҳурӣ;
д) андоз аз амволи корхонаҳо ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз вилояти Ленинобод) – 100 фоиз;
Вилояти Ленинобод – 70 фоиз ба буҷети вилоят ва 30 фоиз ба буҷети ҷумҳурӣ;
Аз Заводи алюминии тоҷик, Ширкати давлатии саҳҳомии холдингии «Барқи Тоҷик», Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳи оҳани Тоҷикистон, Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон андоз аз фоида ва андози амвол – 100 фоиз ба буҷети ҷумҳурӣ.
е) андоз аз даромади шахсони воқеӣ ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз ш.Турсунзода) – 100 фоиз;
Ш.Турсунзода – 53 фоиз ба буҷети ш.Турсунзода ва 47 фоиз ба буҷети ҷумҳурӣ;
ж) андози замин – 85 фоиз ба буҷетҳои маҳаллӣ;
з) андоз барои истифодаи маъданҳои зеризаминӣ – 100 фоиз ба буҷетҳои маҳаллӣ;
и) боҷи давлатӣ – 100 фоиз ба буҷетҳои маҳаллӣ;
к) андоз аз амволи ғайриманқули шахсони воқеӣ – 100 фоиз ба буҷетҳои маҳаллӣ;
л) андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт – 100 фоиз ба буҷетҳои маҳаллӣ;
м) андозу боҷҳои маҳаллӣ (андоз аз фурўши чакана, андоз барои нигоҳ доштани нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ, пардохти патент, боҷҳо ва ҳар гуна даромадҳои ғайриандозӣ) – 100 фоиз ба буҷетҳои маҳаллӣ.
Моддаи 6. Барои соли 1999 меъёрҳои (ставкаи) андоз аз фурўши нахи пахта ба андозаи 25 фоиз, аз ҳосиби соли 1999 ба андозаи 23 фоиз, барои алюминии аввала – 4 фоиз муқаррар карда шавад.
Моддаи 7. Муқаррар карда шавад, ки дар соли 1999 маблағҳои аз хусусигардонии моликияти давлатӣ воридгашта ба тариқи зайл равона карда мешаванд:
- 90 фоиз аз моликияти ҷумҳуриявӣ – ба Буҷети ҷумҳуриявӣ, аз моликияти коммуналӣ бошад ба буҷети маҳаллӣ;
- 9 фоиз барои пўшонидани хароҷот вобаста бо ташкил ва тараққиёти сохторҳои инвестиционӣ ва бозоргонӣ, ки барои дастгирии бизнеси хурд ва миёна равона гаштаанд;
- 1 фоиз барои пўшонидани хароҷоти вобаста ба ташкил ва гузаронидани конкурсҳо, аукционҳои фурўши объектҳои моликияти давлатӣ.
Моддаи 8. Буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 1999 аз рўи даромад ба маблағи 115682,2 млн.рубл ва аз рўи хароҷот ба маблағи 170179,1 млн. рубл ва каср ба маблағи 54496,9 млн. рубл тасдиқ карда шавад.
Моддаи 9. Дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 1999 даромад аз тамоми субъектҳои хоҷагии дар қаламрави ҷумҳурӣ ҷойгирбуда ба маблағи умумии 115682,2 млн. рубл муқаррар карда шавад:
аз ҷумла:
- аз андози арзиши иловашуда - 22101,1 млн.рубл;
- аз акцизҳо - 5030,6 млн. рубл;
- аз андози фурўш - 42511,0 млн. рубл;
- аз андозе, ки субъектҳои соҳибкории хурд
аз рўи системаи оддишуда месупоранд - 13,5 млн.рубл;
- аз андози фоидаи шахсони ҳуқуқӣ - 6579,1 млн. рубл;
- аз андози амволи корхонаҳо - 834,2 млн. рубл;
- аз андози даромад аз шахсони воқеӣ - 615,0 млн. рубл;
- аз даромади хусусигардонии моликияти давлатӣ - 6000,0 млн. рубл;
- аз даромад аз фаъолияти иқтисодии хориҷӣ
(даромадҳои гумрукӣ) - 18185,0 млн.рубл;
- аз андози замин - 1419,6 млн.рубл;
- аз фурўши вомбаргҳои давлатӣ - 500,0 млн. рубл;
- воридот аз бозгашти кредитҳои давлатӣ - 2000,0 млн. рубл;
- даромад аз фурўши вексельҳои хазинадорӣ - 3000,0 млн.рубл;
- аз даромади Бонки миллии Тоҷикистон - 1000,0 млн. рубл;
- аз андозу даромадҳои дигар - 2566,1 млн.рубл;
- даромад аз донорҳои байналхалқӣ - 3327,0 млн.рубл;
Моддаи 10. Хароҷоти Буҷети ҷумҳурӣ дар соли 1999 ба маблағҳои зерин тасдиқ карда шаванд:
- барои маблағгузории хоҷагии халқ - 42024,3 млн.рубл;
аз ҷумла:
комплекси сўзишворию энергетикӣ - 2422,0 млн.рубл;
комплекси металлургӣ - 120,0 млн.рубл;
комплекси сохтмон - 4650,0 млн.рубл;
комплекси агросаноатӣ - 6728,7 млн.рубл;
комплекси нақлиёт ва алоқа - 9775,0 млн.рубл;
комплекси иҷтимоӣ - 323,8 млн.рубл;
соҳаҳои хоҷагии халқ, ки ба комплексҳо
дохил нестанд: - 7322,6 млн.рубл;
хароҷоти дигар соҳаҳо - 10682,2 млн.рубл;
- барои маблағгузории чорабиниҳои
иҷтимоию фарҳангӣ - 19108,7 млн.рубл;
аз ҷумла барои:
Маориф - 7418,1 млн.рубл;
аз ҷумла ба:
Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон - 378,1 млн.рубл;
мактабҳои олӣ - 1712,0 млн.рубл;
мактабҳои миёнаи махсус -544,4 млн.рубл;
омўзишгоҳҳои касбию техникӣ - 1072,1 млн.рубл;
мактабҳои миёнаи умумӣ ва интернатҳои ҷумҳурӣ - 3262,6 млн.рубл;
дигар муассисаҳо - 448,9 млн.рубл;
Фарҳанг - 4378,1 млн.рубл;
Тандурустӣ - 4385,3 млн.рубл;
аз он ҷумла:
- Фонди эпидемиологӣ - 200,0 млн.рубл;
Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш - 74,5 млн.рубл;
Таъминоти иҷтимоӣ - 2852,6 млн.рубл;
аз ҷумла ба:
нафақа - 1611,6 млн.рубл;
кўмакпулӣ барои кўдакон - 247,7 млн.рубл;
хароҷоти таъминоти муассисаҳои Вазорати
ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ - 993,3 млн.рубл;
- илм - 1506,6 млн.рубл;
аз он ҷумла:
Академияи илмҳо -768,5 млн.рубл;
- мақомоти судӣ - 1216,1 млн.рубл;
аз он ҷумла:
Суди конститутсионӣ -76,5 млн.рубл;
Суди Олӣ - 165,8 млн.рубл;
Суди Олии иқтисодӣ - 75,8 млн.рубл;
дигар судҳо - 898,0 млн.рубл;
- мақомоти прокуратура - 1059,4 млн.рубл;
- таъминоти Маҷлиси Олӣ - 984,2 млн.рубл;
- таъминоти мақомоти идораи давлатӣ - 10802,2 млн.рубл;
аз ҷумла:
Дастгоҳи иҷроияи Президент - 3708,4 млн.рубл;
дастгоҳҳои вазорату идораҳо - 7093,8 млн.рубл;
- хароҷоти сафарҳои хизматии хориҷӣ ва
фрахти самолёт барои мақомоти ҳокимияти - 744,6 млн.рубд;
давлатӣ ва идораи давлатӣ
- расонидани кўмаки яквақта ба он шаҳрвандони
ҷумҳурӣ, ки дар рафъи оқибатҳои садамаи - 12,0 млн.рубл;
ИБА-и Чернобыль иштирок кардаанд
- хароҷоти тадбирҳои баргардонидани гурезаҳо - 1000,0 млн.рубл;
- ҷубронпулиҳо ба аҳолӣ - 63,7 млн.рубл;
- таъминоти консулгариҳо, сафоратҳо ва
дигар намояндагиҳои ҷумҳурӣ дар хориҷа - 2122,5 млн.рубл;
- хароҷоти таъмини қарзи берунии давлатӣ - 21993,2 млн.рубл;
- хароҷоти таъмини қарзи дохилии давлатӣ - 5000,0 млн.рубл;
- хароҷоти пардохти ҳиссаи ҷумҳурӣ дар
ташкилотҳои байнидавлатии хориҷӣ - 4511,4 млн.рубл;
- хароҷоти гузаронидани иҷлосияҳо,
раъйпурсиҳо ва интихобот - 510,0 млн.рубл;
- маблағгузории чорабиниҳои дигар ва
ғайричашмдошт - 9387,5 млн.рубл;
аз ҷумла:
- барои хароҷоти ш.Душанбе ҳамчун - 2000,0 млн.рубл;
пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 11. Фонди эҳтиётии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 1999 ба маблағи 3500,0 млн.рубл тасдиқ карда шавад.
Моддаи 12. (Ба нусхаи асл замима мегардад).
Моддаи 13. Муқаррар карда шавад, ки гузаронидан ба ҳолати казармавӣ шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизматчиёни Вазорати дифои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи шаҳрвандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи Марказии ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи мудофиаи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон фақат бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мешавад.
Моддаи 14. Муқаррар карда шавад, ки барои шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизматчиёни ҳарбии Вазорати дифои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи шаҳрвандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон , Кумитаи Марказии ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи оид ба Мудофиаи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Полицияи андози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти давлатии фельдъегерии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурорҳо ва муфаттишҳои прокуратураҳо, судяҳо роҳкиро ба маҳали истифодаи асосии рухсатӣ ва роҳи бозгашт (як маротиба дар як сол) танҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.
Моддаи 15. (Ба нусхаи асл замима мегардад).
Моддаи 16. Муқаррар карда шавад, ки дар соли 1999 пардохти ҳама намуди нафақаҳо, ёрдампулиҳо ва пардохтҳои иҷтимоӣ ғайр аз нафақахўрони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати дифои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи шаҳрвандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи Марказии ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи оид ба Мудофиаи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Полицияи андози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти давлатии фельдъегерии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешаванд.
Моддаи 17. Муқаррар карда шавад, ки дар соли 1999 ба моддаҳои ҳимояшавандаи хароҷот музди меҳнат, маблағҳои ҳисобӣ барои суғуртаи иҷтимоӣ, стипендия, нафақа, кўмакпулиҳо, хўрокворӣ ва дорувор дохил карда мешаванд.
Моддаҳои мазкури хароҷот дар раванди иҷроиши буҷет сарфи назар аз дараҷаи касри буҷет кам карда намешаванд ва барои иҷроиш ҳатмӣ мебошанд.
Моддаи 18. Ҳаҷми маблағҳои мақсаднок аз Буҷети ҷумҳурӣ ба буҷети вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба маблағи 14168,6 млн. рубл, аз он ҷумла ба ш.Кўлоби вилояти Хатлон 263,0 млн. рубл тасдиқ карда шавад.
Муқаррар карда шавад, ки маблағҳои мақсаднок аз Буҷети ҷумҳурӣ ба буҷети вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пардохти музди меҳнат, маблағгузориҳои асосӣ бо дарназардошти иҷрои даромади буҷети онҳо ҷудо карда мешаванд.
Моддаи 19. Муқаррар карда шавад, ки маблағҳое, ки аз афзоиши даромадҳо нисбат ба хароҷот аз рўи ҷамъбасти соли 1998 ба даст меоянд, барои пўшонидани касри буҷети вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо равона карда мешаванд.
Моддаи 20. Ҳаҷми маблағгузориҳои асосии давлатие, ки аз Буҷети давлатии соли 1999 бо пул таъмин карда мешаванд, ба андозаи 34500 млн. рубл тасдиқ карда шавад, аз ҷумла аз буҷети ҷумҳурӣ – 30570 млн. рубл мувофиқи замимаи № 1 тасдиқ карда шавад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи (ҳокимият) ҳукумати Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо дар раванди иҷрои буҷет хароҷотро барои маблағгузориҳои асосӣ қатъиян дар доираи буҷети тасдиқшудаи соли 1999 риоя намоянд.
Моддаи 21. Пули нақди гардони кассавии Буҷети ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2000 ба маблағи 1500 млн. рубл тасдиқ карда шавад.
Моддаи 22. (Ба нусхаи асл замима мегардад).
Моддаи 23. (Ба нусхаи асл замима мегардад).
Моддаи 24. Муқаррар карда шавад, ки мўҳлати пардохти қарзҳое, ки Бонки миллии Тоҷикистон ба тариқи бефоиза ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пўшонидани касри буҷети солҳои 1995-1998 додааст, то 1 январи соли 2001 идома дода мешавад.
Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 1999 барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 5 млрд. рубл ба тариқи бефоиза қарзи мақсаднок ҷудо кунад.
Моддаи 25. Муқаррар карда шавад, ки тамоми амалиёт дар мавриди иҷрои кассавии Буҷети давлатӣ аз ҷониби муассисаҳои бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартибе, ки Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, беподош анҷом дода шавад.
Моддаи 26. Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дода шавад, ки дар ҳолати пайдо кардани манбаъҳои иловагии даромад ба қисми даромад ва хароҷотии буҷет, аз ҷумла ба лимити маблағгузориҳои асосӣ, тағйироти зарурӣ ворид намояд.
Моддаи 27. Ҳисобот оиди иҷроиши Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1997 аз рўи даромад бо дарназардошти кредити Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ ба маблағи 109018,4 млн. рубл, аз рўи хароҷот ба маблағи 105081,4 млн. рубл, бо зиёд будани даромад нисбати хароҷот ба маблағи 3937,0 млн. рубл тасдиқ карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
ш.Душанбе, 13 ноябри соли 1998
№ 673
__________________________
Замимаи № 1 ба Қонуни Ҷумҳурии
Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 1999»
Нақшаи ҷамъбастии сармоягузорӣ дар соли 1999
Номгўи Вазорат ва идораҳо
|
Лоиҳаи буҷет барои соли 1999
|
Буҷети ҷумҳурӣ
|
Буҷетҳои маҳалӣ
|
Ҷамъи буҷети давлатӣ
|
I
|
II
|
III
|
IV
|
Вазорати мудофиа
|
300
|
|
300
|
Вазорати корҳои дохилӣ
|
500
|
|
500
|
Вазорати амният
|
250
|
|
250
|
Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатӣ
|
420
|
|
420
|
Кумитаи оид ба ҲФ ва МГ
|
400
|
|
400
|
Вазорати маориф
|
1945
|
555
|
2500
|
Вазорати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
|
100
|
|
100
|
Вазорати тандурустӣ
|
1570
|
630
|
2200
|
Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳ
|
1500
|
|
1500
|
Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷӣ
|
70
|
|
70
|
Вазорати молия
|
200
|
|
200
|
Вазорати кишоварзӣ
|
150
|
400
|
550
|
Вазорати мелиорация ва хоҷагии об
|
2000
|
|
2000
|
КД «Тоҷиккоммунсервис»
|
1400
|
2245
|
3645
|
Кумитаи оиди корҳои меъморӣ ва сохтмон
|
65
|
|
65
|
ҶСШК «Сангтуда»
|
4500
|
|
4500
|
ШДСҲ «Барқи Тоҷик»
|
1200
|
|
1200
|
ШД «Тоҷикгидроэнергострой»
|
50
|
|
50
|
Академияи улум
|
400
|
|
400
|
ШҲДҶТ «Тоҷикистон»
|
200
|
|
200
|
Кумитаи нафту газ
|
840
|
|
840
|
Роҳи оҳани Қурғонтеппа-Кўлоб
|
7000
|
|
7000
|
ИМХ Дастгоҳи Президент
|
2600
|
|
2600
|
ИИХҶ «Тоҷиклес»
|
30
|
|
30
|
Агентии омори давлатӣ
|
100
|
|
100
|
Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ
|
100
|
|
100
|
РСА ш.Душанбе
|
100
|
|
100
|
ДМС ш.Хуҷанд
|
120
|
|
120
|
ШСА Ҳукумати ноҳияи Данғара
|
450
|
|
450
|
Комплекси Давлатии «Кохи Ваҳдат»
|
300
|
|
300
|
Вазорати фарҳанг
|
|
100
|
100
|
РСА вилояти Ленинобод
|
120
|
|
120
|
Кумитаи кор бо ҷавонон
|
300
|
|
300
|
ШСА Ҳукумати шаҳри Кўлоб
|
550
|
|
550
|
ШСА Ҳукумати ноҳияи Балҷувон
|
100
|
|
100
|
ШСА Ҳукумати ноҳияи Дарбанд
|
240
|
|
240
|
ШСА Ҳукумати ноҳияи Бешкент
|
200
|
|
200
|
ШСА Ҳукумати ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ
|
200
|
|
200
|
Ҳ А М А Г Ӣ
|
30570
|
3930
|
34500
|
Аз он ҷамла Ҳукумати вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо:
|
|
|
|
ВМКБ
|
|
500
|
|
Вилояти Хатлон
|
|
1300
|
|
Вилояти Ленинобод
|
|
1000
|
|
Шаҳри Душанбе
|
|
650
|
|
Шаҳри Кофарниҳон
|
|
60
|
|
Шаҳри Турсунзода
|
|
40
|
|
Ноҳияи Варзоб
|
|
40
|
|
Ноҳияи Ленин
|
|
40
|
|
Ноҳияи Файзобод
|
|
40
|
|
Ноҳияи Ҳисор
|
|
60
|
|
Ноҳияи Ғарм
|
|
40
|
|
Ноҳияи Ҷиргатол
|
|
40
|
|
Ноҳияи Тавилдара
|
|
40
|
|
Ноҳияи Тоҷикобод
|
|
40
|
|
Ноҳияи Шаҳринав
|
|
40
|
|
Пинҳон кардан