ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2000
Моддаи 1. Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2000 аз рўи даромад ба маблағи 225986000 ҳаз. рубл ва аз рўи хароҷот ба маблағи 264786502 ҳаз. рубл бо барзиёдии хароҷот нисбат ба даромад ба маблағи 38800502 ҳаз. рубл тасдиқ карда шавад.
Андозаи ниҳоии касри Буҷети давлатӣ барои соли 2000 ба маблағи 38800502 ҳаз. рубл ё 2,2 фоизи Маҳсулоти Маҷмўи Дохилӣ муқаррар карда шавад. Манбаи пўшондани касри буҷет даромад аз хусусигардонии моликияти давлатӣ ба маблағи 12500000 ҳаз. рубл, аз фурўши векселҳои хазиндорӣ – 2540000 ҳаз. рубл ва қарзгирии берунӣ – 53075502 ҳаз. рубл, аз ҷумла бо дарназардошти баргардондани қарзи асосии берунӣ ба маблағи 21315000 ҳаз. рубл ва қарзи асосии дохилӣ – 8000000 ҳаз. рубл муайян карда шавад.
Моддаи 2. Аз соли 2000 сар карда, ташаккулдиҳӣ, баҳисобгирӣ ва ҳисоботдихӣ аз рўи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Гурўҳбандии нави буҷети даромаду хароҷот, ки Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, аз рўи тартиби вазифавӣ ва иқтисодии маблағгузорӣ муқаррар карда шавад.
Моддаи 3. Буҷети Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2000 аз рўи даромад ва хароҷот ба маблағи 30200 млн. рубл мувофиқи иловаи 1 муқаррар карда шавад. (Илова ба нусхаи асл замима мегардад).
Моддаи 4. Муқаррар карда шавад, ки дар соли 2000 ба Буҷети ҷумҳуриявӣ андозҳои зерин ворид карда мешаванд:
- андоз аз фурўш - 100 фоиз;
- боҷи гумрукӣ - 100 фоиз;
- андози замин - 15 фоиз;
- андоз аз арзиши иловашуда, ки
аз тариқи мақомоти гумрук ворид
мешавад - 100 фоиз;
- аксизҳо, ки аз тариқи мақомоти
гумрук ҷамъ мешаванд - 100 фоиз;
- андоз аз истодабарандагони
роҳҳои автомобилгард - 100 фоиз.
Моддаи 5. Барои соли 2000 фоизи маблағгузорӣ аз андозҳо ва даромадҳои умумидавлатӣ аз андоздиҳандагоне, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ ҷойгир шудаанд, ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ ба андозаҳои зерин муқаррар карда шавад:
а) андоз аз арзиши иловашуда ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз вилояти Ленинобод ва ш.Турсунзода) – 100 фоиз.
Вилояти Ленинобод – 53 фоиз ба буҷети вилоят ва 47 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
ш.Турсунзода – 83 фоиз ба буҷети шаҳр ва 17 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
б) аксиз (ғайр аз вилояти Ленинобод, шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода) – 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ.
Вилояти Ленинобод – 32 фоиз ба буҷети вилоят ва 68 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ.
Шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода – 100 фоиз ба буҷетҳои шаҳр;
в) андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ ва андоз аз амволи корхонаҳо (ғайр аз вилояти Ленинобод ва ш.Турсунзода) ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо – 100 фоиз.
Вилояти Ленинобод – 40 фоиз ба буҷети вилоят ва 60 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
ш.Турсунзода – 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
г) андоз аз даромади шахсони воқеӣ ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз вилояти Ленинобод ва ш.Турсунзода) – 100 фоиз;
Вилояти Ленинобод – 90 фоиз ба буҷети вилоят ва 10 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
ш.Турсунзода 45 фоиз ба буҷети шаҳр ва 55 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
д) андози замин – 85 фоиз ба буҷетҳои маҳаллӣ;
е) андозе, ки аз ҷониби субъектҳои соҳибкории хурд, ки аз рўи системаи соддакардашуда пардохта мешавад – 100 фоиз ба буҷетҳои маҳаллӣ;
ж) андоз аз истифодабарандагони конҳо (қаъри замин) – 100 фоиз ба буҷетҳои маҳаллӣ;
з) боҷи давлатӣ – 100 фоиз ба буҷетҳои маҳаллӣ;
и) андози моликияти ғайриманқули ашхоси воқеӣ – 100 фоиз ба буҷетҳои маҳаллӣ;
к) андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт – 100 фоиз ба буҷетҳои маҳаллӣ;
л) андозу боҷҳои маҳаллӣ (андоз аз фурўши чакана, андоз барои нигоҳ доштани нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ, пардохти патент, боҷҳо ва ҳаргуна даромадҳои ғайриандозӣ) – 100 фоиз ба буҷетҳои маҳаллӣ;
м) аз Роҳи оҳани Тоҷикистон, Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки амонатгузории давлатии “Амонатбонк” андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз фоида ва андоз аз амвол – 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
Аз Ширкати давлатии саҳҳомии холдингии “Барқи Тоҷик” андоз аз фоида ва андоз аз амвол – 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ, андоз аз арзиши иловашуда – 37 фоиз ба буҷети ш.Душанбе ва 63 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ.
Моддаи 6. Барои соли 2000 меъёрҳои (ставкаи) андоз аз фурўши алюминии аввала – 3 фоиз, нахи пахта аз 1 январ ба андозаи 23 фоиз, аз ҳосили соли 2000 – 20 фоиз муқаррар карда шавад.
Нахи пахта ва алюминийи аввалия, ки аз рўи ставкаи дахлдор аз фурўш андозбандӣ карда мешаванд ва пахта соли 2000 аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.
Моддаи 7. Муқаррар карда шавад, ки меъёрҳои сифрии андоз аз арзиши иловашуда, ки дар боби 29 ва меъёри аксиз, ки дар моддаи 213 боби 33 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудаанд, дар соли 2000 ба маънои “аз пардохти ин андозҳо озод карда мешаванд”, иваз карда мешавад. "100 адад автобусҳои тамғаи "Икарус 280.33", ки аз чониби Ҳукумати шаҳри Душанбе тибқи қарордоди №8-914-8062 бо ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд "Икарус траде" (венгрия) ворид карда мешаванд, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда шаванд".
Моддаи 8. Ҳукуматҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо барои соли 2000 меъёрҳои фоизӣ оиди андоз аз фурўши чаканаро бояд на камтар аз 4 фоиз аз ҳаҷми фурўши чакана муқаррар кунанд.
Моддаи 9. Тасдиқ карда шавад, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2000 ҳар моҳ аз рўи депозитҳои асъорӣ ва рублии буҷети ҷумҳуриявӣ, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон мебошанд, фоизҳоро аз рўи меъёрҳои амалкунандаи бозорӣ мепардозад.
Моддаи 10. Тасдиқ карда шавад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи тамоми қарзҳои наве, ки аз Бонки миллии Тоҷикистон барои пўшондани касри буҷет гирифта мешаванд, фоизҳоро аз рўи меъёрҳои амалкунандаи бозорӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ мепардозад.
Моддаи 11. Тасдиқ карда шавад, ки дар соли 2000 Бонки миллии Тоҷикистон ба Буҷети ҷумҳуриявӣ фоидаашро дар асоси моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” мегузаронад.
Моддаи 12. Муқаррар карда шавад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон тамоми қарзҳои қаблан ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон додашударо ба мўҳлатҳои дарозмуддат реструктуризатсия менамоянд. Дар айни ҳол қарзҳои номбурда бо вомбаргҳои дарозмуддати рублӣ ва ба маблағи 2 млрд. рубл бо векселҳои хазинадории кўтоҳмуддат табдил дода мешаванд.
Моддаи 13. Буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2000 аз рўи даромад ба маблағи 147020776 ҳаз. рубл ва аз рўи хароҷот ба маблағи 185458979 ҳаз. рубл ва каср ба маблағи 38438203 ҳаз. рубл муқаррар карда шавад.
Моддаи 14. Дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2000 даромад аз тамоми субъектҳои хоҷагии дар қаламрави ҷумҳурӣ ҷойгирбуда ба маблағи умумии 147020776 ҳаз. рубл муқаррар карда шавад, аз ҷумла:
- аз андози арзиши иловашуда - 30877166 ҳаз. рубл;
- аз аксизҳо - 12342694 ҳаз. рубл;
- аз андози фурўш - 49101000 ҳаз. рубл;
- аз андози фоидаи шахсони ҳуқуқӣ - 6931657 ҳаз. рубл;
- аз андози амволи корхонаҳо - 1759145 ҳаз. рубл;
- аз андози даромад аз шахсони воқеӣ - 1963495 ҳаз. рубл;
- аз даромад аз фаъолияти иқтисодии
хориҷӣ (боҷи гумрукӣ) - 23700000 ҳаз.рубл;
- аз андози замин - 1630499 ҳаз. рубл;
- аз андоз аз истифодабарандагони
роҳҳои автомобилгард - 8800000 ҳаз.рубл;
- аз андозу даромадҳои дигар - 4049120 ҳаз.рубл;
- даромад аз донорҳои байналхалқӣ - 5866000 ҳаз.рубл.
Моддаи 15. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ дар соли 2000 аз рўи тартиби маблағгузории вазифавӣ
Барои маблағгузории мақомоти
ҳокимият ва идоракунӣ - 35671246 ҳаз. рубл;
аз ҷумла:
Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 5853922 хаз.рубл;
Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон - 4500000 ҳаз.рубл;
Кумитаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон - 1564779 ҳаз.рубл;
Дастгирии сиёсати давлатии ҷавонон - 120000 ҳаз.рубл;
Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон - 3000000 ҳаз.рубл;
Раъйпурсӣ ва интихобот - 881064 ҳаз.рубл;
Сафарҳои хизматии хориҷии Ҳукумати
ҷумҳурӣ ва фрахти тайёраҳо - 1600000 ҳаз.рубл;
Вазоратҳо ва идораҳои машғули сиёсати
молиявӣ ва андозию буҷетӣ - 5860909 ҳаз.рубл;
Вазоратҳо ва идораҳои машғули
фаъолияти сиёсати берунӣ - 9566563 ҳаз.рубл;
Вазоратҳо ва идораҳои машғули
хизматрасониҳои хусусияти умумӣ дошта
барои соҳаҳои иқтисодиёт - 2998983 ҳаз.рубл;
Барои тадқиқотҳои асосӣ ва илм - 1325026 ҳаз.рубл;
аз онҳо:
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - 878678 ҳаз. рубл;
Мудофиа - 22370371 ҳаз.рубл;
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судҳо ва прокуратура - 20986698 ҳаз.рубл;
аз ҷумла барои:
Хизмати милитсия ва муҳофизат аз сўхтор - 10824978 ҳаз.рубл;
Дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ - 7588720 ҳаз.рубл;
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 81092 ҳаз.рубл;
Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 90218 ҳаз.рубл;
Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 143856 ҳаз.рубл;
Вазорати адлия ва мақомоти судӣ - 990483 ҳаз.рубл;
Прокуратураи генералӣ ва мақомоти
он дар ҷойҳо - 1267351 ҳаз.рубл;
Маориф - 11973506 ҳаз.рубл;
аз ҷумла:
Маълумоти миёна - 2364518 ҳаз.рубл;
Донишгоҳи Давлатии Миллӣ -487243 ҳаз.рубл;
Маълумоти олӣ ва миёнаи махсус - 2610305 ҳаз.рубл;
Илмҳои дақиқ дар соҳаи маориф - 25255 ҳаз.рубл;
Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 47633 ҳаз.рубл;
Дигар хароҷотҳо дар соҳаи маориф - 6438552 ҳаз.рубл;
Нигаҳдории тандурустӣ - 4447192 ҳаз.рубл;
аз ҷумла:
Касалхонаҳо - 1646631 ҳаз.рубл;
Духтурхонаҳо ва нуқтаҳои тиббӣ - 46154 ҳаз.рубл;
Илмҳои дакиқ дар соҳаи нигаҳдории
тандурустӣ - 109836 ҳаз.рубл;
Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 36393 ҳаз.рубл;
Дигар ташкилотҳо барои чорабиниҳои
соҳаи нигаҳдории тандурустӣ - 2608178 ҳаз.рубл;
Таъминоти иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ - 4394994 ҳаз.рубл;
аз ҷумла:
таъминоти нафақавии сохторҳои қудратӣ - 2335982 ҳаз.рубл;
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ -1077791 ҳаз.рубл;
Ташкилотҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ - 590298 ҳаз.рубл;
Илмҳои дақиқ дар соҳаи ҳифзи
иҷтимоии аҳолӣ - 19955 ҳаз.рубл;
Вазорати ҳифзи иҷтимоии аҳолии
Ҷумҳурии Тоҷикистон - 26900 ҳаз.рубл;
Дигар ташкилотҳо доир ба чорабиниҳои
соҳаи таъминоти иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ - 344068 ҳаз.рубл;
Ҳифзи табиат ва хоҷагии манзилию
коммуналӣ - 3114373 ҳаз.рубл;
аз ҷумла:
Илмҳои дақиқ дар соҳаи ҳифзи табиат - 8515 ҳаз.рубл;
Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон – 932388 ҳаз.рубл;
Ширкати давлатии “Тоҷиккоммунсервис” - 1873470 ҳаз.рубл;
Тараққиёти коммуналӣ (ш.Кўлоб) - 300000 ҳаз.рубл;
Чорабиниҳои фарҳангӣ – оммавӣ,
солимгардонӣ ва динӣ - 6415061 ҳаз.рубл;
аз ҷумла:
Телевизион ва радиошунавонӣ - 4251432 ҳаз.рубл;
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон - 57693 ҳаз.рубл;
Кумитаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ - 115483 ҳаз.рубл;
Матбуоти даврӣ ва нашриёт - 732710 ҳаз.рубл;
Фаъолияти динӣ ва дигар фаъолияти
ҷамъиятӣ - 29476 ҳаз.рубл;
Дигар чорабиниҳои соҳаи фарҳангӣ - 1228267 ҳаз.рубл;
Комплекси сўзишворӣ – энергетикӣ - 8801000 ҳаз.рубл;
Хоҷагии қишлоқ ва ҷангал - 7749494 ҳаз.рубл;
Истеҳсол ва коркарди канданиҳои фоидакнок,
саноати истеҳсоли маъдани кўҳӣ ва сохтмон - 865525 ҳаз.рубл;
Нақлиёт ва коммуникатсия - 14073021 ҳаз.рубл;
Вазоратҳо ва идораҳои машғули фаъолияти
иқтисодӣ ва хизматрасонӣ - 1776043 ҳаз.рубл;
Дигар чорабиниҳо - 29577973 ҳаз.рубл;
аз ҷумла:
Хизматрасонии ўҳдадориҳои қарзӣ - 24080000 ҳаз.рубл;
Хароҷот барои амалӣ намудани вазифаи
пойтахти ш.Душанбе - 2000000 ҳаз.рубл;
Хароҷот барои барҳам додани оқибатҳои
офатҳои табиӣ - 700000 ҳаз.рубл;
Хароҷотҳои дигаре, ки аз рўи соҳаҳои
иқтисодӣ гурўҳбандӣ нашудаанд - 2797973 ҳаз.рубл;
Трансфертҳо барои буҷетҳои маҳаллӣ
дар шакли маблағҳои мақсаднок - 13242482 ҳаз.рубл.
Моддаи 16. Муқаррар карда шавад, ки дар соли 2000 вазоратҳо, идораҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо маблаггузорӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ аз рўи гурўҳбандии иқтисодии буҷети давлатӣ ба тариқи зайл гузаронда мешавад, барои:
1. Хароҷоти ҷорӣ - 151106354 ҳаз.рубл;
аз ҷумла барои:
Музди меҳнат ва хизматпулӣ - 39297844 ҳаз.рубл;
Маблағҷудокунӣ ва фонди ҳифзи
иҷтимоии аҳолӣ - 6971335 ҳаз.рубл;
Таъмини нафақавии сохторҳои қудратӣ - 2427972 ҳаз.рубл;
Харидани мол ва хизматрасонӣ - 51739928 ҳаз.рубл;
аз ҷумла:
Хизматрасонии алоқа - 3993742 ҳаз.рубл;
Хизматрасонии газ, барқ ва обтаъминкунӣ - 1978780 ҳаз.рубл;
Харидани таҷҳизот, асбобу анҷом, дигар
молҳо ва хизматрасонӣ - 45767406 ҳаз.рубл;
Пардохти фоизҳои қарзҳои берунӣ ва дохилӣ - 24080000 ҳаз.рубл;
Субсидияҳо ва дигар трансфертҳо - 26589275 ҳаз.рубл;
аз онҳо:
Субсидияҳо ба корхонаю ташкилотҳои
давлатӣ - 3752995 ҳаз.рубл;
Маблағҳое, ки ба буҷетҳои маҳаллӣ ба
тариқи маблағҳои мақсаднок дода мешаванд - 15242482 ҳаз.рубл;
Трансфертҳо ба аҳолӣ - 2832423 ҳаз.рубл;
Трансфертҳо ба ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ - 250000 ҳаз.рубл;
Трансфертҳо ба ташкилотҳои хориҷӣ - 4511375 ҳаз.рубл;
2. Хароҷотҳои асосӣ - 33512625 ҳаз.рубл;
аз ҷумла:
Харидани сармояи асосӣ - 8617625 ҳаз.рубл;
Маблағгузориҳои марказонидашуда - 24400000 ҳаз.рубл;
Трансфертҳои асосӣ - 495000 ҳаз.рубл;
3. Пулҷудокунӣ барои гурезаҳо, муҳоҷирон
ва дигар хизматчиёни давлатӣ мувофиқи
қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон - 840000 ҳаз.рубл.
Моддаи 17. Муқаррар карда шавад, ки ба моддаҳои ҳимояшавандаи хароҷот музди меҳнат, маблағҷудокунӣ барои суғуртаи иҷтимоӣ, стипендияҳо, нафақаҳо, ёрдампулиҳо, хўрокворӣ ва дорувор дохил карда мешаванд.
Моддаҳои мазкури хароҷот дар раванди иҷроиши буҷет сарфи назар аз дараҷаи касри буҷет кам карда намешаванд ва барои иҷроиш ҳатмӣ мебошанд.
Дар сурати иҷро нашудани қисми даромади Буҷети давлатӣ, мутобиқан ба маблағи иҷронашуда, маблағгузории хароҷотҳо барои харидани таҷҳизот, асбобу анҷом, таъмири асосӣ, дотатсияи соҳаи иқтисодиёт ва дигар хароҷотҳо кам карда мешавад.
Моддаи 18. Муқаррар карда шавад, ки барои шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳабрикунандаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизматчиёни ҳарбии Вазорати дифои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи Марказии ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи оид ба мудофиаи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон, Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Полисияи андози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти давлатии фельдъегерии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурорҳо ва муфаттишҳои прокуратураҳо, судяҳо роҳкиро ба маҳали истифодаи асосии рухсатӣ ва роҳи бозгашт (як маротиба дар як сол) танҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.
Моддаи 19. На барои нашр.
Моддаи 20. Ҳаҷми маблағҳои мақсаднок аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба маблағи 13242482 ҳаз.рубл тасдиқ карда шавад.
Муқаррар карда шавад, ки маблағҳои мақсаднок аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пардохти музди меҳнат, маблағҳои ба он баробаршуда, маблағгузориҳои асосӣ бо дарназардошти иҷрои даромади буҷети онҳо ҷудо карда мешаванд.
Моддаи 21. Пули нақди гардони кассавии буҷети ҷумҳуриявӣ ба ҳолати 1 январи соли 2001 ба маблағи 2900 млн. рубл тасдиқ карда шавад.
Моддаи 22. На барои нашр.
Моддаи 23. На барои нашр.
Моддаи 24. Муқаррар карда шавад, ки тамоми амалиёт дар мавриди иҷрои кассавии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби муассисаҳои бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартибе, ки Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, беподош анҷом дода шавад.
Моддаи 25. Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дода шавад:
дар ҳолати пайдо кардани манбаъҳои иловагии маблағгузорӣ ба қисми даромад ва хароҷоти буҷет, аз он ҷумла зиёд намудани маблағҳои мутамарказонидашудаи асосӣ, бе тағйирёбии ҳаҷми касри Буҷети давлатӣ, тағйироти зарурӣ ворид намояд;
дар ҳолати ба танзим надаровардани масъала бо давлатҳои алоҳидаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оиди тартиби андозбандии андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз дар ҷойи таъиншуда, тағйиротҳои дахлдорро ба нақшаҳои андозҳои зикргардида байни Кумитаҳои гумрук ва андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил намуда, мутаносибан ба маблағҳои зиёншуда даромадҳои буҷети ҷумҳуриявиро кам намояд.
Моддаи 26. Ҳисобот оиди иҷроиши Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1998 аз рўи даромад бо дарназардошти кредити Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ ба маблағи 180438701 ҳаз. рубл, аз рўи хароҷот ба маблағи 178748225 ҳаз. рубл, бо зиёд будани даромад нисбати хароҷот ба маблағи 1690476 ҳаз. рубл тасдиқ карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
ш.Душанбе 10 декабри соли 1999
№ 860
__________________________
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оиди мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2000”
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2000” баъди нашри расмӣ аз 1 январи соли 2000 тадбиқ карда шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Буҷети тасдиқшудаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли 2000 аз рўи даромад ба маблағи 225986 млн. рубл ва аз рўи хароҷот ба маблағи 264786, 5 млн рубл бо барзиёдии хароҷот нисбати даромад (каср) ба маблағи 38800, 5 млн. рубл барои иҷро қабул намояд.
Манбаъҳои пўшонидани касри буҷет бо дарназардошти баргардонидани қарзҳои асосии берунӣ ва дохилӣ ба маблағи 68115,5 млн. рубл муайян карда шавад, аз ҷумла:
- қарзи Бонки Ҷаҳонӣ - 38715,5 млн. рубл;
- қарзи Бонки Осиёӣ - 14360 млн. рубл;
- даромад аз ҳисоби хусусигардонии
амволи давлатӣ - 12500 млн. рубл;
- фурўши векселҳои хазинадорӣ - 2540 млн. рубл.
3. Бонки миллии Тоҷикистон:
якҷоя бо Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бонкҳои ҷумҳурӣ мутобиқи моддаҳои 4 ва 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2000” ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ бечунучаро гузаронидани андозҳо ва даромадҳои муқаррарнамударо таъмин намояд;
дар амалиёти марбут ба хизматрасонии қарзи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати агенти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, татбиқи бемонеаи ҳисобҳо ва пардохтҳоро аз рўи ўҳдадориҳои давлатии қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд.
4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ихтисори касри буҷет ва таъмини истифодаи самарабахши маблағҳои буҷетӣ дар соли 2000:
маблағгузории чорабиниҳои дар буҷет пешбинишударо ҷиддан дар доираи буҷети тасдиқшуда баробари даромади воқеан воридгардида ба амал барорад;
барои ҷамъоварии ҳармоҳаи андози арзиши иловашудаи шаҳри Душанбе ба маблағи 3 млрд. 272 млн. рубл аз ширкати давлатии саҳомии холдингии “Барқи тоҷик” чораҳои дахлдор андешида шавад;
бо мақсади кам намудани қарзҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти молиявию хоҷагии корхона ва ташкилотҳое , ки дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, молҳо ва хизматрасонӣ машғул мебошанд, механизми танзим ва ба таъхир андохтани қарзҳои пардохтҳои андоз ва ҳаққи иҷтимоиро, ки то 1 январи соли 2000 ба амал омадаанд, таҳия намояд;
бо мақсади зиёд намудани даромади буҷет аз ҳисоби андоз аз фурўши чакана, андози соҳибкорони хурд, ки аз рўи тартиби (системаи) соддакардашуда мепардозанд, андози моликияти ғайриманқули ашхоси воқеӣ, пардохт барои патент ва аксизҳо, якҷоя бо Ҳукуматҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо механизми таъмини ба таври воқеӣ муайян намудани ўҳдадориҳои андоз ва ҷамъоварии андозҳои зикршударо дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ, аз шахсони воқеие, ки ба фаъолияти савдо ва хизматрасонӣ машғул мебошанд, таҳия намояд;
аз 1 январи соли 2000 маблағгузориро барои таъмири асосии фонди манзил ва субсидияро барои гармидиҳӣ ва манзил бевосита дар буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо барои фаъолияти хоҷагии манзилию коммуналӣ пешбинӣ намояд;
аз 1 январи соли 2000 маблағгузориро барои нигоҳдории раёсатҳо ва шўъбаҳои корҳои дохилии минтақаҳои ҷумҳурӣ дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ намояд ва маблағгузории онҳоро аз рўи сметаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намояд;
якҷоя бо Бонки миллии Тоҷикистон механизми ба расмият даровардани қарзҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар назди Бонки миллии Тоҷикистон аз рўи қарзҳои асъорӣ ва рублӣ ба вомбаргҳои дарозмуддат ва векселҳои хазинадории кўтоҳмуддат таҳия намояд;
дар муддати ду моҳ аз рўзи амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2000” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии қарзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои тасдиқ намудан пешниҳод намояд;
бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти молиявию хоҷагии вазоратҳо, идораҳо, ташкилоту корхонаҳо имконияти ихтисор намудани қарзҳои бенатиҷаи онҳоро, ки то 1 январи соли 1999 аз ҳисоби қарзгирии берунаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва буҷети ҷумҳуриявӣ дода шудааст, баррасӣ намояд;
бо мақсади ба Буҷети давлатӣ баргардонидани маблағҳои аз муассисаҳои молиявии байналхалқӣ, Ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ, бонкҳо ва ширкатҳо гирифташуда ва ба вазоратҳо, идораҳо ва ташкилотҳо барои маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ, инчунин барои барқарор намудани истеҳсолоти асосӣ ва ташкил намудани воридшавии озуқаворӣ ва дигар молҳои талаботи аввала дода шудаанд, дар сурати ғайримақсад истифода бурдан, баргардондани маблағҳоро, ки аз ҳисоби қарзҳои хориҷӣ дода шудаанд, бо тартиби бечунучаро аз ҳисоби вазоратҳо, идораҳо, ташкилоту корхонаҳо амалӣ намояд;
ҳамаи Кафолатҳои давлатӣ ва дигар ўҳдадориҳои қарзии ба стандартҳои байналхалқӣ номутобиқ ва амалинашударо барои гирифтани қарзи хориҷӣ, ки то январи соли 1998 дода шудаанд, беэътибор эълон намояд;
бо сабаби ҷорӣ намудани гурўҳбандии нави даромаду хароҷоти буҷети давлатӣ дар давоми ду моҳ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди дохил кардани тағйироту иловаҳои дахлдор ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи асосҳои сохти буҷет ва раванди буҷет” таклифҳо пешниҳод карда шавад.
Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Раҷабов
ш.Душанбе 10 декабри соли 1999
№ 861
__________________________
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оиди самтҳои асосии сиёсати пулию қарзӣ ва асъории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2000
Бо мақсади дастгирӣ намудани тамоилоти мусбии пешрафти иқтисодиёт, нигоҳдории қобилияти харидории пули миллӣ, пешгирӣ намудани таваррум (инфлятсия), аз беқурбшавӣ ҳифз намудани зихираҳои пулии аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
-
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- шароитҳои заруриро барои фаъолона ҷалб намудани сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат фароҳам оварад. Якҷоя бо Бонки миллии Тоҷикистон ва Биржаи фондии Тоҷикистон то 1 марти соли 2000 таҳияи механизми фаъолияти бозори дараҷаи 2-юми қоғазҳои қимматнокро анҷом диҳад;
- пўшонидани хароҷоти буҷетро танҳо аз ҳисоби ҷамъ намудани андозҳо, пардохтҳои гумрукӣ ва истифодаи дигар сарчашмаҳои ғайриинфлятсионӣ таъмин намояд;
- ҷиҳати пардохти қарзҳои аз Бонки миллии Тоҷикистон гирифтаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои давлатӣ чораҳо пешбинӣ намояд ва аз 1 январи соли 2000 сар карда барои истифодаи қарзҳои нави Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқи андозаи амалкунандаи бозорӣ фоиз диҳад;
- ба таҷрибаи ба ўҳдаи давлат гузоштани қарзҳои гирифташудаи субъектҳои хоҷагидорӣ хотима диҳад;
- якҷоя бо Бонки миллии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2000 тамоми қарзҳои бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ то охири соли 1999 аз Бонки миллии Тоҷикистон гирифтаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои давлатиро ба заёмҳои дарозмуддати давлатӣ ва ба маблағи 2 млрд. рубл ба векселҳои кўтоҳмуддати давлатӣ табдил диҳад;
- пардохти қарзҳои дар назди Бонки миллии Тоҷикистон доштаи Роҳи оҳани тоҷикро аз ҳисоби маблағҳои ба ивази хизматрасонии он ҷиҳати қарзи хориҷии дар буҷет пешбинишуда ва инчунин воситаҳои худии Роҳи оҳани тоҷик таъмин намояд;
- иштироки ҳамаи ташкилоту муассисаҳои аз буҷет маблағгузорӣ карда шаванда дар бастани созишномаҳои хариди мол, иҷрои кор ва адои хизматрасонӣ бе тасдиқи хаттии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси мавҷудияти маблағҳои дахлдор манъ карда шавад;
- якҷоя бо раисони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо иҷрои бечунучарои талаботи қонунҳои амалкунандаро оиди дахолат накардан ба фаъолияти бонкҳо ва ҷобаҷогузории кадрҳои онҳо таъмин намояд;
- якҷоя бо Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба бонкҳо механизми бимакунонӣ (суғуртакунонӣ) ва кафолатдиҳии амонатҳо шахсони ҳуқуқӣ ва воқеиро омода созад;
-бо мақсади баргардонидани қарзҳои бонкҳои барҳамхуранда масъалаи ташкили Оҷонсии азнавташкилкунии бонкҳо ва таҷдиди қарзҳоро, якҷоя бо Бонки миллии Тоҷикистон баррасӣ намояд;
- баҳри иҷрои нақшаи хусусигардонии корхонаҳои миёна ва калон, ки дар барномаи иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст чораҳои зарурӣ андешида амалӣ гардонад;
2. Бонки Миллии Тоҷикистон:
- қарздиҳиро ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пўшонидани касри буҷет ва дигар сохторҳои давлатӣ пурра қатъ намояд;
- аз 1 январи соли 2000 сар карда барои амонатҳои амалкунандаи ҳукуматӣ, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон мебошанд аз рўи андозаи амалкунандаи бозорӣ фоиз диҳад;
- чорабиниҳои зарурии ташкили бозори байнибонкии қарзиро гузаронида, батадриҷ ба воситаи музояда фурўхтани қарзҳои Бонки миллии Тоҷикистонро қатъ намояд;
- андозаи фоизи қарзҳои муттамарказро дар сатҳи бузургии мусбии он нигоҳ дорад;
- маблағи умумии захираҳои байналхалқии худро ба сатҳи дар барномаи иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шуда расонад;
- якҷоя бо бонкҳои тиҷоратӣ механизми аниқи додани қарзҳои хурдро ба соҳибкорони алоҳида, хоҷагиҳои фермерӣ (деҳқонӣ) ва дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки ба бизнеси хурд машғуланд, кор карда барояд;
- иштироки худро дар Биржаи байнибонкии асъор ҳамчун фурўшандаи ягона ботадриҷ қатъ намуда танҳо ба таври истисно, дар ҳолатҳои зарурӣ, бо мақсади таъмини устувории қобилияти харидории пули миллӣ дар хариду фурўши асъор иштирок намояд. Механизми мувофиқеро таҳия ва татбиқ намояд, ки он дар соли 2000 фаъолият намудани бозори комилҳуқуқи байнибонкии асъорро таъмин намояд;
- назоратро аз болои фаъолияти бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ оиди риоя намудани қонунгузории бонкӣ, меъёрҳои иқтисодие, ки бонки миллии Тоҷикистон муайян намудааст, ташкили сармояи зарурӣ ва ҷараёни азнавсозии онҳоро пурзур намояд. Дар мўҳлати се моҳ санадҳои меъёрии мувофиқеро омода ва қабул намояд, ки барои ташкил намудани сохторҳои гуногуни молиявии ғайрибонкӣ (ломбардҳо, ҷамъиятҳои қарздиҳӣ, ташкилотҳои суғуртавӣ ва ғайра) заруранд;
- барномаи солимгардонии шабакаи бонкиро давом дода дар ҳамкорӣ бо бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ фазои хизматрасониро васеъ ва сифаташро беҳ карда, суръати ҳисоббаробаркунӣ ва сари вақт гузаштани пардохтҳоро таъмин намояд;
- бо мақсади боз ҳам пурзўргардонии боварии муштариён ба бонкҳо, ҷалб намудани пасандози шахсони ҳуқуқию воқеӣ, дар якҷоягӣ бо бонкҳои тиҷоратӣ иҷрои талаботи қонунро оиди ҳимояи сирри махфӣ будани амонатҳо, ҳаракати маблағҳои пулии мизоҷон, саҳҳомон ва дигар шахсон, аз он ҷумла додани пули нақд таъмин намояд;
- якҷоя бо Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми нуқтаҳои гумрукӣ ташкил ва амали фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъорро таъмин намояд.
Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Раҷабов
ш.Душанбе 10 декабри соли 1999
№ 862
__________________________
Пинҳон кардан