ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ КОНСЕССИЯҲО
(Ахбори маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2011, №12, мод. 847;)
Қонуни мазкур муносибатҳои вобаста ба консессияро танзим намуда, салоҳияти мақомоти давлатӣ, шарт ва тартиби ба консессия додани объектҳо, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои консессиядор, иҷро ва мӯҳлати шартномаи консессия, инчунин кафолати дастгирии фаъолияти консессиониро муайян менамояд.
Боби 1. Муқаррароти умумӣ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- консессия (иҷозат, гузашт) - (минбаъд - консессия) дар асоси шартномаи консессия бо пешниҳоди ҳуқуқи истифодабарии самараноки муваққатӣ ба консессиядор супоридани объектҳои моликияти давлатӣ, аз ҷумла: замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳаво, олами набототу ҳайвонот, дигар моликияти давлатӣ ва боигарии табиӣ, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, инчунин ҳуқуқи бунёди (сохтмони) иншооти нав аз ҳисоби консессиядор бо шарти дар оянда баргардонидани онҳо ба давлат;
- шартномаи консессионӣ - шартномае, ки байни конседент ва консессиядор баста шуда, дар он ҳуқуқ, ӯҳдадорӣ ва масъулияти тарафҳо, инчунин шартҳои амалишавии консессия муайян карда мешаванд;
- конседент - Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз номи он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ баромад намуда, метавонанд фаъолияташонро тавассути мақомоти дахлдори давлатӣ амалӣ намоянд;
- консессиядор - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ба истиснои ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, ки ҳуқуқи консессияро тибқи шартномаи консессионӣ соҳиб шудаанд;
- объектҳои консессионӣ - объектҳои моликияти давлатӣ ва иншоотҳое, ки дар натиҷаи иҷрои шартҳои шартномаи консессия пайдо мешаванд;
- мақомоти консессионӣ - мақомоти давлатии аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ваколатдоршуда, ки ба онҳо бо тартиби муайянгардида ҳуқуқи ҳалли масъалаҳои консессия дода шудааст.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи консессияҳо
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи консессияҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон иборат мебошад.
Моддаи 3. Принсипҳои фаъолияти консессионӣ
Фаъолияти консессионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти манфиатҳои миллӣ дар асоси принсипҳои зерин сурат мегирад:
- қонуният;
- фоидаи тарафҳо;
- дар асоси озмун интихоб кардани консессиядор;
- дахолат накардан ба фаъолияти хоҷагидории консессиядор, ки дар доираи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад;
- риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифодабарӣ ва ҳифзи табиат, қаъри замин, об, ҳавзаи дарёҳо ва кӯлҳо, бехатарии экологӣ ва санитарию гигиенӣ, суғурта, таъминоти иҷтимоӣ ва ҳифзи меҳнат;
- фаъолияти озод ва шаффофи конседент ва консессиядор ҳангоми татбиқи шартномаи консессионӣ;
- таъмини истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ бехатар, ки ба стандартҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ аст, агар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд.
Моддаи 4. Муносибатҳои моликият ҳангоми фаъолияти консессионӣ
1. Ба консессия супоридани объекти моликияти давлатӣ маънои ба консессиядор додани ҳуқуқи ихтиёрдории объект ва ё ҳуқуқи бемӯҳлати иҷро намудани вазифаҳои муайяни давлатиро надорад.
2. Фоидаи холис, ки консессиядор дар натиҷаи фаъолияти консессионӣ мегирад, дар ҳаҷми муайянкардаи шартномаи консессия (дар шакли моликият ё маблағ) моликияти ӯ мебошад.
3. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои харидорӣ намудани маҳсулоти истеҳсолнамудаи консессиядор ҳуқуқи бартариятнок дорад.
Боби 2. Идоракунии муносибатҳои соҳаиконсессионӣ ва салоҳияти мақомоти давлатӣ
Моддаи 5. Идоракунии давлатӣ дар соҳаи муносибатҳои консессионӣ
Идоракунии давлатӣ дар соҳаи муносибатҳои консессионӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти консессионӣ амалӣ карда мешавад.
Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муносибатҳои консессионӣ мансуб аст:
- муайян намудани мақомоти консессионӣ;
- таҳияи барномаҳо оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти консессионӣ;
- муқаррар намудани тартиби экспертизаи давлатии лоиҳа ва барномаҳои консессионӣ;
- муқаррар намудани тартиби бақайдгирии шартномаҳои консессионӣ ва ташкили назорати иҷрои онҳо;
- муайян намудани номгӯи объектҳое, ки ба консессия дода намешаванд ва ё ба консессия додани онҳо маҳдуд карда шудааст;
- бастани шартномаҳои консессионӣ тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ҳалли дигар масъалаҳои соҳаи муносибатҳои консессионӣ дар доираи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 7. Ваколати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
Ваколати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи муносибатҳои консессионӣ аз инҳо иборат аст:
- тавсиф намудани объектҳои консессионие, ки ба сармоягузорон пешниҳод мегарданд;
- ташкил ва гузаронидани озмун аз рӯи объектҳое, ки дар ихтиёри онҳо қарор доранд;
- бастани шартномаҳои консессионӣ аз рӯи объектҳои консессионие, ки дар ихтиёри онҳо мебошанд;
- ҳалли дигар масъалаҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 8. Ваколати мақомоти консессионӣ
Ваколати мақомоти консессионӣ дар соҳаи муносибатҳои консессионӣ аз инҳо иборат аст:
- ташкил ва гузаронидани озмунҳои консессионӣ;
- назорат ва риояи шартҳои шартномаҳои консессионӣ;
- таҳияи пешниҳодҳои консессионӣ;
- тартиб додани номгӯи объектҳои консессионӣ;
- пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии шартномаҳои консессионӣ;
- иҷрои дигар ваколатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд.
Боби 3. Тартиб ва шартҳои ба консессия додани объектҳо
Моддаи 9. Таҳияи пешниҳодҳои консессионӣ
Пешниҳодҳои консессионӣ бо назардошти аҳамият ва зарурати иқтисодии объектҳои консессионӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти консессионӣ таҳия карда мешаванд. Дар пешниҳодҳо навъи фаъолият муайян карда мешавад ва он феҳристи молу мулки таҳвилшавандаро дар бар мегирад.
Моддаи 10. Тартиби ба консессия додани объектҳо
1. Объектҳо дар асоси озмун ба консессия дода мешаванд. Дар мавридҳои истисноӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон объектҳо дар асоси гуфтушуниди мустақими байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сармоягузорони эътимоднок ба консессия дода мешаванд.
2. Объектҳо бе озмун танҳо дар мавриди таъмини амнияти давлатӣ, манфиатҳои мудофиавии кишвар ва ё агар барои иштирок дар озмун дархости ягона ворид шуда бошад, ба консессия дода мешаванд.
3. Тартиб ва шартҳои гузаронидани озмун дар хусуси ба консессия пешниҳод намудани объектро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
Моддаи 11. Ба имзо расонидани шартномаи консессионӣ
1. Шартномаи консессионӣ байни конседент ва консессиядор дар шакли хаттӣ ба имзо расонида мешавад.
2. Шартномаи консессионӣ масъалаҳои зайлро дар бар мегирад:
- мавзӯи шартнома;
- объектҳои консессионӣ, аз ҷумла ҳудуди қитъаҳои замин ва сарватҳои зеризаминӣ, фазои обу ҳаво;
- мӯҳлати эътибори шартномаи консессия ва оғози корҳо;
- ҳуқуқу ӯҳдадориҳои тарафҳо;
- ҳаҷм ва тартиби пардохтҳои консессионӣ;
- пардохти андозҳои муқарраршуда ва дигар пардохтҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ҳаҷми сармоягузории ҳарсола ва мӯҳлати ҷудо намудани маблағҳо, инчунин ҳаҷми маҳсулот мувофиқи бизнес - нақша;
- талабот оид ба ҳифзи муҳити зист, бехатарии фаъолият ва ҳифзи қаъри замин;
- ҳуқуқи тарафҳо барои дастрас намудани маълумот доир ба фаъолияти консессионӣ;
- шартҳои ҷалби кормандони кироя, таълим, суғурта ва ҳифзи иҷтимоии онҳо тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- тартиб, шароит ва мӯҳлати баргардонидани объекти фаъолияти консессионӣ;
- оқибатҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилӣ дар сурати рух додани ҳолатҳои фавқулодда ва рафънопазир;
- тартиби баррасии баҳсу мунозира ва масъулияти тарафҳо барои вайрон кардани шартҳои шартнома;
- кафолатҳои молиявӣ, суроғаҳои ҳуқуқӣ ва реквизитҳои бонкии тарафҳо;
- шартҳои тағйир додан ва бекор намудани шартномаи консессионӣ.
3. Ба шартномаи консессионӣ дигар шартҳоро, ки хилофи қонугузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд, дохил кардан мумкин аст.
Моддаи 12. Пардохти консессиядор
Консессиядор маблағҳои зеринро пардохт менамояд:
- пардохтҳои консессионӣ;
- маблағи бақайдгирии давлатии шартномаи консессионӣ;
- андозҳо ва дигар пардохтҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст.
Моддаи 13. Мӯҳлати эътибори шартномаи консессионӣ
1. Шартномаи консессионӣ вобаста ба хусусиятҳои техникию иқтисодии объекти консессионӣ ба мӯҳлати то 49 сол имзо карда мешавад. Мӯҳлати мазкур нисбати конҳои канданиҳои фоиданок, ки хароҷоти зиёдро талаб намуда, давраи ҷуброни онҳо тӯлонӣ аст, татбиқ намегардад. Нисбат ба объектҳои алоҳида мумкин аст дар шартнома мӯҳлати дигар нишон дода мешавад, вале ин мӯҳлат наметавонад аз 99 сол зиёд бошад.
2. Баъди гузаштани мӯҳлати шартномаи консессионӣ консессиядоре, ки шартҳои шартномаро софдилона иҷро кардааст, барои тамдиди шартнома ҳуқуқи бартариятнокро соҳиб мегардад.
Моддаи 14. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба шартномаи консессионӣ ва қатъ кардани он
1. Ба шартномаи консессионӣ тибқи тартиби муқарраркардаи шартнома ва ё бо мувофиқаи тарафҳо тағйиру иловаҳо ворид карда мешаванд.
2. Шартномаи консессионӣ метавонад бо ризоияти тарафайн ё бо қарори суд дар ҳолати аз ҷониби яке аз тарафҳо риоя накардани шартҳои он қатъ карда шавад.
3. Амали шартномаи консессионӣ аз лаҳзаи аз Феҳристи ягонаи давлатии шартномаҳои консессионӣ хориҷ кардани он қатъ карда мешавад.
Моддаи 15. Гузашт кардани ҳуқуқу ӯҳдадориҳо аз рӯи шартномаи консессионӣ
1. Дар мавриди азнавташкилдиҳии яке аз тарафҳои шартномаи консессионӣ ҳуқуқу ӯҳдадориҳои он ба ворисони қонунӣ мегузаранд, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё шартномаи консессионӣ тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
2. Қисман ё пурра гузашт кардани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои консессиядор ба шахсони сеюм, инчунин супоридани объекти консессионӣ танҳо бо иҷозати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ карда мешаванд.
Моддаи 16. Суғурта
Консессиядор дар фаъолияти худ талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи суғуртаро риоя менамояд.
Боби 4. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои консессиядор
Моддаи 17. Ҳуқуқҳои консессиядор
1. Консессиядор ҳуқуқ дорад:
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо истифода аз талаботи шартномаи консессионӣ дар қаламрави мавриди истифодааш биною иншоот, роҳҳои фаръӣ, роҳҳои васеи мошингард ва хатҳои алоқаи телеграфу телефон ва ғайраҳо созад;
- дар мувофиқа бо конседент ва ҳангоми мусбӣ будани хулосаи экспертизаи экологӣ ба таркиби молу мулк тағйирот дарорад, дар объектҳои консессионӣ корҳои азнавсозӣ, васеъкунӣ ва азнавтаҷҳизонии техникиро, ки арзиши онҳоро зиёд мегардонад, анҷом диҳад;
- барои эҳтиёҷоти объекти консессионӣ ва кормандон молу мулк ва маводи зарурӣ ворид намояд;
- маҳсулоти истеҳсолкардаашро содир намояд;
- аз амали ғайриқонунии мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони мансабдори онҳо, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба суд муроҷиат кунад.
2. Консессиядор инчунин дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
Моддаи 18. Ӯҳдадориҳои консессиядор
Консессиядор ӯҳдадор аст:
- шартҳои шартномаи консессиониро риоя намояд;
- фаъолияти хоҷагии худро танҳо дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи консессионӣ амалӣ намояд;
- баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳиро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монад;
- молу мулк ва объектҳоеро, ки дар асоси шартнома ба ӯ дода шудаанд, дар мӯҳлати муқарраршуда ба конседент баргардонад, инчунин баъди анҷоми мӯҳлати амали шартномаи консессионӣ ва ё қатъ шудани он молу мулки худро ихтиёрдорӣ намояд;
- қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи меҳнат, шуғли аҳолӣ ва ҳифзи муҳити зист риоя намояд;
- дигар ӯҳдадориҳоро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, иҷро намояд.
Боби 5. Муқаррароти хотимавӣ
Моддаи 19. Тартиби баррасии баҳсҳо
1. Баҳсҳои байни консессиядор ва конседент тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мешаванд, агар дар шартномаи консессионӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
2. Дар ҳолати ҳал нашудани баҳсҳо тарафҳо ҳуқуқ доранд, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли баҳсҳо ба суд муроҷиат намоянд.
3. Баҳсҳои консессиядор бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суд баррасӣ карда мешаванд.
Моддаи 20. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 21. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи консессияҳо"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1997 "Дар бораи консессияҳо" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, № 10, мод. 125) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 22. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе,
26 декабри соли 2011,
№ 783
Пинҳон кардан