ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ТАШКИЛОТҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, №4, мод. 266)
(Қонуни ҶТ аз 20.06.2019
№ 1628, аз 20.06.2024 №2071)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти ташкилотҳои маблағгузории хурдро муайян намуда, ба ташаккул ва рушди бозори хизматрасонии маблағгузории хурд ва дастгирии соҳибкории хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- ташкилотҳои маблағгузории хурд (ташкилоти амонатии қарзии хурд, ташкилоти қарзии хурд ва фонди қарзии хурд) - ташкилотҳои қарзие, ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ба фаъолияти маблағгузории хурд машғул мебошанд;
- ташкилоти амонатии қарзии хурд - шахси ҳуқуқие, ки бо мақсади ҷалби амонату пасандоз ва пешниҳод намудани қарзҳои хурд бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур таъсис дода шудааст;
- ташкилоти қарзии хурд - шахси ҳуқуқие, ки бо мақсади пешниҳод намудани қарзҳои хурд бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур таъсис дода шудааст;
- фонди қарзии хурд - шахси ҳуқуқии ғайритиҷоратие, ки бо мақсади пешниҳод намудани қарзҳои хурд бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур таъсис дода шудааст;
- қарзи хурд - қарзе, ки аз ҷониби ташкилоти қарзӣ ба қарзгир бо шартҳои пардохти фоиз ва баргардонидан ба мӯҳлати муайян дода мешавад ва маблағи он аз андозаи муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон зиёд намебошад;
- пасандоз - маблағе, ки ҳуқуқи истифодаи муваққатиаш ба ташкилотҳои қарзӣ бо шарти пардохти фоизи муайян вогузор шудааст;
- амонат - маблағ ва сарвати дигари шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба ташкилоти қарзӣ барои нигаҳдорӣ супурда шудаанд;
- меъёрҳои мақбул - меъёрҳои иқтисодие, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади танзими фаъолияти ташкилоти амонатии қарзии хурд муқаррар гардида, риояи онҳо аз ҷониби ташкилоти амонатии қарзии хурд ҳатмӣ мебошад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 №2071).
Моддаи 3. Муносибати ташкилотҳои маблағгузории хурд бо муштариён
1. Муносибати ташкилотҳои маблағгузории хурд бо муштариён дар асоси шартнома амалӣ мегардад.
2. Ташкилотҳои маблағгузории хурд бояд то бастани шартномаи қарзӣ ба муштарӣ оид ба фоизи қарз, ки ҳамаи хароҷоти вобаста ба пешниҳод ва хизматрасонии қарзро дар бар мегирад, маълумот пешниҳод намоянд.
3. Ташкилотҳои маблағгузории хурд ҳуқуқи яктарафа тағйир додани шартҳои шартномаҳои пасандозӣ, амонатӣ ва қарзиро надоранд.
4. Ташкилотҳои маблағгузории хурд ба муштариён хизматҳои машваратию иттилоотӣ мерасонанд.
5. Нисбат ба талаботи ташкилотҳои маблағгузории хурд дар бораи баргардонидани қарзи хурд мӯҳлати панҷсолаи даъво татбиқ мегардад.
6. Ташкилотҳои маблағгузории хурд ӯҳдадоранд дар бораи иҷрои ҳама гуна аҳд ва амалиёти шубҳаноки муштариёни худ (кӯшиши анҷом додани аҳд ва амалиёти шубҳанок) ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризмва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом бо тартиби муқаррарнамудаи қонун хабар диҳанд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 №2071).
7. Амалҳои ташкилотҳои маблағгузории хурд, ки дар қисми 6 моддаи мазкур зикр шудаанд, вайронкунии талаботи сирри бонкӣ ҳисоб карда намешаванд.
Моддаи 4. Иттиҳодияҳои (ассотсиатсияҳои) ташкилотҳои маблағгузории хурд
1. Ташкилотҳои маблағгузории хурд бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолият, намояндагӣ ва ҳифзи манфиатҳои умумии молумулкӣ метавонанд иттиҳодияҳо (ассотсиатсияҳо) ташкил намоянд.
2. Иттиҳодияҳои (ассотсиатсияҳои) ташкилотҳои маблағгузории хурд ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ буда, ҳуқуқ надоранд ба фаъолияти маблағгузории хурд машғул шаванд. Фоида аз фаъолияти соҳибкории онҳо дар байни аъзо ё иштирокчиёни ин иттиҳодияҳо (ассотсиатсияҳо) тақсим шуда наметавонанд ва бояд танҳо барои ба даст овардани мақсадҳои оинномавӣ истифода шаванд.
БОБИ 2. ТАЪСИС, САРМОЯИ ОИННОМАВӢ ВА ИДОРАКУНИИ ТАШКИЛОТҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД
Моддаи 5. Таъсиси ташкилотҳои маблағтузории хурд
1. Ташкилоти амонатии қарзии хурд ва ташкилоти қарзии хурд ҳамчун ташкилотҳои тиҷоратӣ дар шакли ҷамъияти саҳомии пӯшида ё ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд бо назардошти талаботи Қонуни мазкур таъсис дода мешаванд.
2. Ҳангоми аз ҷониби ду ва зиёда муассисон таъсис додани ташкилоти амонатии қарзии хурд ва ташкилоти қарзии хурд ҳиссаи ҳар як муассис бояд аз панҷ фоизи сармояи оинномавии ташкилотҳои мазкур кам набошад.
3. Фонди қарзии хурд аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ, ба истиснои мақомоти давлатӣ, тибқи талаботи Қонуни мазкур таъсис дода мешавад.
Моддаи 6. Филиалҳо, намояндагиҳо ва воҳидҳои дигари сохтории ташкилотҳои маблағгузории хурд
1. Ташкилотҳои маблағгузории хурд метавонанд дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон филиалҳо таъсис диҳанд ва намояндагиҳо кушоянд.
2. Ташкилотҳои маблағгузории хурд ва филиалҳои онҳо барои иҷрои амалиёти алоҳида метавонанд берун аз маҳалли ҷойгиршавии худ воҳидҳои дигари сохториро таъсис диҳанд.
3. Тартиби таъсиси воҳидҳои сохтории мазкур ва номгӯи амалиёти аз ҷониби онҳо иҷрошаванда бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 7. Сармояи оинномавии ташкилотҳои маблағгузории хурд
1. Ташкилотҳои амонатии қарзии хурд ва ташкилотҳои қарзии хурд сармояи оинномавии худро бо пули миллӣ ташаккул медиҳанд.
2. Ҳадди ақалли сармояи оинномавии ташкилотҳои амонатии қарзии хурд ва ташкилотҳои қарзии хурд аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
3. Фонди қарзии хурд ҳангоми таъсиси он бояд дорои маблағи ибтидоии на камтар аз 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо пули миллӣ бошад.
4. Маблағҳои буҷети давлатӣ, фондҳои ғайрибуҷетии давлатӣ, грантҳои ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон додашуда, маблағҳои қарзӣ ё таҳти гарав қарордошта, инчунин ҳуқуқи молумулкӣ ё дигар ҳуқуқе, ки арзиши пулӣ доранд, наметавонанд ба сармояи оинномавии ташкилоти амонатии қарзии хурд, ташкилоти қарзии хурд ва ба маблағи ибтидоии фонди қарзии хурд ворид шаванд.
5. Ҳангоми ба бонк ё ташкилоти амонатии қарзии хурд табдилёбии ташкилоти қарзии хурд бояд сармояи воқеии он аз ҳадди ақалли сармояи оинномавии барои чунин ташкилотҳои қарзии навтаъсис муқарраршуда кам набошад.
6. Ҳангоми ба бонк табдилёбии ташкилоти амонатии қарзии хурд сармояи танзимшавандаи он бояд аз ҳадди ақалли сармояи оинномавие, ки барои бонки навтаъсис муқаррар гардидааст, кам набошад.
Моддаи 8. Идоракунии ташкилоти амонатии қарзии хурд ва ташкилоти қарзии хурд
1. Мақомоти идоракунии ташкилоти амонатии қарзии хурд ва ташкилоти қарзии хурд инҳо мебошанд:
- мақоми олӣ - маҷлиси умумии саҳмиядорон (иштирокчиён);
- мақоми идоракунӣ - Шӯрои нозирон;
- мақоми иҷроия - раёсат ва ё директор.
2. Ҳайати Шӯрои нозирон набояд аз 5 нафар ва ҳайати раёсат набояд аз 3 нафар кам бошанд.
3. Мақоми иҷроия аз ҷониби Шӯрои нозирон таъсис дода мешавад.
4. Раёсат ва директор дар як вақт метавонанд ҳамчун мақоми иҷроия таъсис дода шаванд. Дар ин ҳолат директор вазифаи раиси раёсатро иҷро менамояд.
5. Узви мақоми иҷроияи ташкилоти амонатии қарзии хурд ва ташкилоти қарзии хурд наметавонад узви Шӯрои нозирони онҳо бошад.
6. Тартиби идоракунӣ ва ваколатҳои мақомоти ташкилоти амонатии қарзии хурд ва ташкилоти қарзии хурд бо оинномаҳои онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
Моддаи 9. Молу мулки фонди қарзии хурд
1. Маблағҳои пулие, ки ба фонди қарзии хурд аз ҷониби муассисон дода шудаанд, моликияти фонди қарзии хурд мебошанд.
2. Муассисон ҳуқуқи молумулкиро нисбат ба фонди қарзии хурди таъсисдодаи онҳо надоранд ва аз рӯи ӯҳдадориҳои фонди қарзии хурд ҷавобгар намебошанд.
3. Фонди қарзии хурд аз рӯи ӯҳдадориҳои муассисони худ ҷавобгар намебошад.
4. Фонди қарзии хурд молу мулки худро ба мақсадҳои оинномавӣ истифода мебарад.
5. Дороиҳои фонди қарзии хурд наметавонанд ба муассисон, аъзои мақомоти идоракунӣ, кормандони фонди қарзии хурд, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ройгон дода ва ё ба манфиати онҳо ройгон истифода карда шаванд.
Моддаи 10. Идоракунии фонди қарзии хурд
1. Мақомоти идоракунии фонди қарзии хурд инҳо мебошанд:
- мақоми олии идоракунӣ - Шӯрои парасторони фонди қарзии хурд;
- мақоми иҷроия - раёсат ва директори фонди қарзии хурд.
2. Тартиби идоракунии фонди қарзии хурд бо оинномаи он ва тибқи Қонуни мазкур муайян карда мешавад.
Моддаи 11. Шӯрои парасторони фонди қарзии хурд
1. Ҳайати ибтидоии Шӯрои парасторони фонди қарзии хурдро маҷлиси умумии муассисон интихоб менамояд. Тағйироти минбаъда дар ҳайати Шӯрои парасторони фонди қарзии хурд аз ҷониби Шӯрои парасторони он анҷом дода мешавад.
2. Аъзои Шӯрои парасторони фонди қарзии хурд вазифаҳои худро бе подош амалӣ менамоянд.
3. Муассисони фонди қарзии хурд узви раёсати фонди қарзии хурд шуда наметавонанд.
4. Ба ваколатҳои истисноии Шӯрои парасторони фонди қарзии хурд масъалаҳои зерин мансуб мебошанд:
- муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти фонди қарзии хурд;
- ворид намудани тағйиру иловаҳо ба оинномаи фонди қарзии хурд;
- азнавташкилдиҳии фонди қарзии хурд;
- тасдиқи дастури Шӯрои парасторони фонди қарзии хурд;
- интихоби аъзои комиссияи тафтишотии фонди қарзии хурд ва тасдиқи низомномаи он;
- тасдиқи низомномаи раёсати фонди қарзии хурд;
- ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани раиси раёсати (директори) фонди қарзии хурд ва аъзои раёсати фонди қарзии хурд;
- бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо директори фонди қарзии хурд;
- таъсиси мақоми иҷроияи фонди қарзии хурд;
- таъсиси филиалҳо, кушодани намояндагиҳои фонди қарзии хурд ва тасдиқи низомномаҳои онҳо;
- интихоби раиси Шӯрои парасторони фонди қарзии хурд;
- ворид намудани тағйирот ба ҳайати Шӯрои парасторони фонди қарзии хурд;
- назорати фаъолият ва истифодаи молу мулки фонди қарзии хурд;
- интихоби аудитори берунии фонди қарзии хурд ва тасдиқи андозаи подоши хизмати он;
- тасдиқи ҳисоботи солонаи фонди қарзии хурд.
5. Маҷлисҳои Шӯрои парасторони фонди қарзии хурд на камтар аз як маротиба дар се моҳ тибқи дастури он гузаронида мешаванд.
6. Маҷлиси Шӯрои парасторони фонди қарзии хурд метавонад бо ташаббуси раиси Шӯрои парасторони фонди қарзии хурд, на кам аз сеяки аъзои Шӯрои парасторони фонди қарзии хурд ё директори фонди қарзии хурд, ҳамчунин бо талаби ташкилоте, ки санҷиши аудитории фонди қарзии хурдро мегузаронад, даъват карда шавад.
7. Шӯрои парасторони фонди қарзии хурд ҳангоми иштироки на камтар аз нисфи аъзои он дар маҷлиси Шӯрои парасторони фонди қарзии хурд салоҳиятдор мебошад.
8. Қарорҳои Шӯрои парасторони фонди қарзии хурд бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи овозҳои аъзои он, ки дар маҷлиси Шӯрои парасторони фонди қарзии хурд иштирок доранд, қабул карда мешаванд.
Моддаи 12. Мақоми иҷроияи фонди қарзии хурд
1. Раёсати фонди қарзии хурд дар ҳайати директори фонди қарзии хурд ва на камтар аз ду корманди он таъсис дода мешавад.
2. Раиси раёсати фонди қарзии хурд директори фонди қарзии хурд мебошад.
3. Аъзои дигари раёсати фонди қарзии хурдро бо пешниҳоди директори фонд Шӯрои парасторони фонди қарзии хурд ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.
4. Раёсати фонди қарзии хурд ҳангоми иштироки на камтар аз нисфи аъзои он дар маҷлиси раёсати фонди қарзии хурд салоҳиятдор мебошад.
5. Қарорҳои раёсати фонди қарзии хурд бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи овозҳои аъзои он, ки дар маҷлиси раёсати фонди қарзии хурд иштирок доранд, қабул карда мешаванд.
6. Раёсати фонди қарзии хурд дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- роҳбарӣ ба фаъолияти ҷории фонди қарзии хурд;
- барои тасдиқ ба Шӯрои парасторони фонди қарзии хурд пешниҳод кардани буҷет, сохтор ва низоми музди меҳнати кормандони фонди қарзии хурд;
- пешниҳоди лоиҳаи қарорҳо ба Шӯрои парасторони фонди қарзии хурд, ки қабули онҳо ба ваколати Шӯрои парасторони фонди қарзии хурд мансуб мебошад.
7. Директори фонди қарзии хурд фаъолияти ҷории фондро амалӣ менамояд.
8. Директори фонди қарзии хурд дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- бе ваколатнома аз номи фонди қарзии хурд амал карда, манфиатҳои онро дар муносибат бо мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, аз ҷумла ташкилотҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад;
- иҷрои қарорҳои раёсат ва Шӯрои парасторони фонди қарзии хурдро таъмин менамояд;
- оид ба масъалаҳои фаъолияти ҷории фонди қарзии хурд амру фармонҳо мебарорад;
- кормандони фонди қарзии хурдро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
- ӯҳдадориҳои вазифавиро байни муовинонаш тақсим менамояд;
- ваколатҳои дигари ба фаъолияти фонди қарзии хурд вобастаро, ки ба ваколати раёсат ва Шӯрои парасторони фонди қарзии хурд дохил намешаванд, тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ менамояд.
Моддаи 13. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии ташкилотҳои маблағгузории хурд
1. Азнавташкилдиҳии (муттаҳидшавӣ, ҳамроҳшавӣ, тақсимшавӣ, ҷудошавӣ, табдилдиҳӣ) ташкилоти маблағгузории хурд баъди гирифтани розигии Бонки миллии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
2. Азнавташкилдиҳии фонди қарзии хурд дар шакли тақсимшавӣ, ҷудошавӣ ва табдилдиҳӣ манъ аст.
3. Барҳамдиҳии ташкилотҳои маблағгузории хурд тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ" амалӣ мегардад.
4. Ҳангоми барҳам додани фонди қарзии хурд масъалаҳои марбут ба маблағҳои пулӣ ва молумулкӣ баъди иҷрои ӯҳдадориҳо боқимондаи он тибқи қонунгузорӣ аз тарафи суд ҳал карда мешаванд.
БОБИ 3. ИҶОЗАТНОМАДИҲИИ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД
Моддаи 14. Иҷозатномадиҳии фаъолияти ташкилотҳои маблағгузории хурд
1. Фаъолияти ташкилотҳои маблағгузории хурд дар асоси иҷозатнома амалӣ мегардад.
2. Иҷозатнома ба ташкилотҳои маблағгузории хурд бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар шакли хаттӣ, бемӯҳлат ва бе ҳуқуқи ба шахси дигар вогузор кардани он дода мешавад.
3. Барои гирифтани иҷозатнома ташкилотҳои маблағгузории хурд бояд ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зеринро дар шакли хаттӣ ё тавассутинизоми электронӣ пешниҳод намоянд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 №2071):
- ариза (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 №2071);
- нусхаи аз тарафи роҳбар имзо ва бо мӯҳри ташкилот тасдиқшудаи ҳуҷҷатҳои таъсисотӣ ва шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии ташкилоти маблағгузории хурд;
- маълумот дар бораи кормандони роҳбарикунанда бо зикри насаб, ном ва номи падар, шаҳрвандӣ, ҷойи истиқомати доимӣ, ихтисос, таҳсилот, собиқаи корӣ, надоштани доғи судӣ аз рӯи ҷиноятҳои иқтисодӣ ва хусусияти коррупсионидошта, набудани маҳдудият дар фаъолияти касбӣ;
- нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии муассисон барои шахсони ҳуқуқӣ ва рақами мушаххаси андозсупоранда - барои шахсони воқеӣ;
- нусхаи ҳисоботи молиявии муассисон - шахсони ҳуқуқӣ барои соли охир бо хулосаи аудиторӣ;
- маълумотномаи мақоми ваколатдор оид ба иҷро кардани ӯҳдадориҳо дар назди буҷети давлатӣ барои соли охири фаъолият;
- маълумотнома оид ба қонунӣ будани манбаи маблағҳои пулии ба сармояи оинномавӣ пардохтшавандаи муассисон - барои шахсони воқеӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонун;
- рӯйхати саҳмиядорон (иштирокчиён) ва манфиатдорони ниҳоии саҳмияҳо (ҳиссаҳо) бо зикри нишонӣ ва миқдори саҳмияҳои (ҳиссаҳои) онҳо;
- нақшаи корӣ бо назардошти мақсаду намудҳои фаъолият, тавсифи сохтори ташкилӣ ва низоми назорати дохилӣ, дурнамои ҳисоботи тавозунӣ, даромаду хароҷот ва гардишҳои пулӣ барои се соли фаъолияти минбаъда (ба истиснои фонди қарзии хурд);
- ҳуҷҷати пардохти хироҷи баррасии ариза (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 №2071).
4. Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади пуррагардонии маълумоти дар қисми 3 моддаи мазкур ифодагардида метавонад аз ташкилотҳои маблағгузории хурд маълумоти иловагӣ талаб намояд.
5. Бонки миллии Тоҷикистон дар мӯҳлати то ду моҳи баъди пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва маълумоти дар қисмҳои 3 ва 4 моддаи мазкур пешбинигардида дар бораи ба ташкилотҳои маблағгузории хурд додан ё надодани иҷозатнома қарор қабул менамояд.
6. Дар ҳолатҳои истисноӣ Бонки миллии Тоҷикистон метавонад мӯҳлати дар қисми 5 моддаи мазкур пешбинишударо ба мӯҳлати то як моҳ тамдид намуда, аризадиҳандаро дар ин хусус бо зикри сабаби чунин таъхир хабардор намояд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 №2071).
7. Бонки миллии Тоҷикистон пас аз қабули қарор оид ба додани иҷозатнома барои ташкилоти маблағгузории хурд суратҳисоби дахлдор мекушояд ва ҳангоми аз ҷониби ташкилоти маблағгузории хурд пурра пардохт гардидани ҳадди ақалли сармояи оинномавӣ ё маблағи ибтидоӣ (барои фонди қарзии хурд) ва хироҷи иҷозатномадиҳӣ дар мӯҳлати на дертар аз се рӯзи корӣ ба он иҷозатнома медиҳад.
Моддаи 15. Асосҳо барои надодани иҷозатнома
1. Бонки миллии Тоҷикистон бо асосҳои зерин ба ташкилоти маблағгузории хурд иҷозатнома намедиҳад:
- пешниҳод нагардидани ҳуҷҷатҳо ва маълумоти дар қисмҳои 3 ва 4 моддаи 14 Қонуни мазкур пешбинишуда;
- вазъи ғайриқаноатбахши молиявии муассисони ташкилоти маблағгузории хурд;
- шубҳанок ё ғайриқонунӣ дониста шудани манбаъҳои пардохти сармояи оинномавӣ ё маблағи ибтидоӣ (барои фонди қарзии хурд).
2. Нисбати қарори Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи надодани иҷозатнома ба суд шикоят кардан мумкин аст.
Моддаи 16. Бозхонди иҷозатнома
1. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ҳангоми нисбат ба ташкилоти маблағгузории хурд татбиқ намудани чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ иҷозатномаи онро бозхонд намояд.
2. Иҷозатномаи ташкилоти маблағгузории хурд аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин бояд бозхонд шавад:
- агар баъд аз додани иҷозатнома муқаррар гардад, ки барои гирифтани он ҳуҷҷатҳо бо маълумоти нодуруст пешниҳод шудаанд;
- агар дар давоми 12 моҳ аз рӯзи гирифтани иҷозатнома ташкилоти маблағгузории хурд ба фаъолият шурӯъ накунад ё баъди шурӯъ кардан ба фаъолият зиёда аз 6 моҳ худсарона фаъолияташро боздорад.
3. Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи қарори худ оид ба бозхонди иҷозатнома пас аз қабули он дар мӯҳлати як рӯз ба ташкилоти маблағгузории хурд хабар дода, дар мӯҳлати як ҳафта дар воситаҳои ахбори омма иттилоъ ба нашр мерасонад.
4. Бонки миллии Тоҷикистон баъди бозхонди иҷозатномаи ташкилоти маблағгузории хурд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд дар бораи барҳамдиҳии он муроҷиат менамояд.
5. Аз қарори Бонки миллии Тоҷикистон оид ба бозхонди иҷозатнома ба суд шикоят кардан мумкин аст.
Моддаи 17. Пардохти хироҷ (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 №2071)
1. Ташкилотҳои маблағгузории хурд мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” ба буҷети давлатӣ хироҷ пардохт менамоянд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 №2071).
Моддаи 18. Феҳристи ташкилотҳои маблағгузории хурд
1. Бонки миллии Тоҷикистон Феҳристи ташкилотҳои маблағгузории хурдро тартиб медиҳад, ки дар он маълумот оид ба ном, нишонии ҳуқуқӣ, санаи додан ва бекор кардани ҳуҷҷати бақайдгирии давлатӣ, санаи додан ва бозхонди иҷозатномаи ташкилоти маблағгузории хурд нишон дода мешавад.
2. Бонки миллии Тоҷикистон Феҳристи ташкилотҳои маблағгузории хурдро дар воситаҳои ахбори омма нашр менамояд.
БОБИ 4. ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД
Моддаи 19. Доираи фаъолияти ташкилотҳои маблағгузории хурд
1. Ташкилотҳои маблағгузории хурд ҳуқуқ доранд:
- танҳо ба фаъолияти пешбининамудаи Қонуни мазкур ва иҷозатнома машғул шаванд;
- саҳмияҳои худ ё ҳиссаҳои иштирокчиёнро мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон харидорӣ намоянд;
- маблағҳои озоди худро дар ташкилотҳои қарзӣ ҷойгир намоянд;
- тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи андозаи қарзи хурд ба иҷораи молиявӣ (лизинг) машғул шаванд, ҳамчунин аз ташкилотҳои қарзӣ, шахсони воқеию ҳуқуқии ватанӣ ва хориҷӣ қарз гиранд.
2. Ташкилотҳои маблағгузории хурд ҳуқуқ надоранд:
- ба фаъолияте, ки Қонуни мазкур ва ё иҷозатнома пешбинӣ накардааст, машғул шаванд;
- ба шахсони дигар барои харидани коғазҳои қиматноки баровардаи худ қарз диҳанд;
- таҳти гарави саҳмияҳои худ қарз диҳанд, аз ҷумла қарзе, ки аз иҷрои ҳар гуна ӯҳдадорӣ бармеояд;
- бо асъори хориҷӣ қарз диҳанд, ба истиснои ташкилотҳои амонатии қарзии хурд;
- дар бозори коғазҳои қиматнок фаъолияти касбиро анҷом диҳанд;
- ба фаъолияти истеҳсолӣ, савдо ва суғурта машғул шаванд;
- соҳиби молу мулки ғайриманқул гарданд, ба истиснои молу мулки ғайриманқуле, ки барои таъмини фаъолияти худ ва эҳтиёҷоти иҷтимоии кормандон, аз ҷумла таъмини онҳо бо манзил зарур аст.
3. Ташкилоти маблағгузории хурд ӯҳдадор аст молу мулки ғайриманқулеро, ки дар рафти гузаронидани амалиёти бонкӣ ба даст овардааст, ҳангоми зарар надидан дар муддати се моҳ ва дар дигар ҳолатҳо дар муддати на дертар аз ду соли баъди ба даст овардани он фурӯшад.
Моддаи 20. Фаъолияти ташкилоти қарзии хурд ва фонди қарзии хурд
Ташкилоти қарзии хурд ва фонди қарзии хурд амалиёти бонкии зеринро анҷом медиҳанд:
- пешниҳоди қарзҳои хурд;
- бастани қарордодҳои форвардӣ ва своп барои худ.
Моддаи 21. Амалиёте, ки аз ҷониби ташкилоти амонатии қарзии хурд анҷом дода мешаванд
Ташкилоти амонатии қарзии хурд метавонад дар доираи меъёрҳои тибқи Қонуни мазкур муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистон амалиёти бонкии зеринро анҷом диҳад:
- ҷалби амонат ва пасандозҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- додани қарзи хурд (бо таъмин ва бе таъмин);
- кушодану пешбурди суратҳисобҳои бонкӣ;
- интиқоли маблағҳои пулӣ бо фармоиши муштариён;
- додани кафолат;
- қарордодҳои форвардӣ ва своп барои худ;
- амалиёти кассавӣ;
- амалиёти ҳисоббаробаркунӣ ва мубодилавӣ;
- барориши кортҳои пардохтии бонкӣ ва амалиёт бо онҳо.
Моддаи 22. Кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти амонатии қарзии хурд
1. Ба ҳайати кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти амонатии қарзии хурд роҳбари мақоми иҷроия, сармуҳосиб, роҳбар ва сармуҳосиби филиали он дохил мешаванд.
2. Кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти амонатии қарзии хурд бояд:
- дорои таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ буда, аз рӯи ихтисос дар низоми бонкӣ собиқаи кории на камтар аз ду сол дошта бошанд;
- танҳо дар ҳамин ташкилоти амонатии қарзии хурд пурра ва дар як вазифа кор кунанд;
- аз рӯи ҷиноятҳои иқтисодӣ ва хусусияти коррупсионидошта доғи судӣ надошта бошанд;
- дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ кунанд.
3. Ташкилоти амонатии қарзии хурд ӯҳдадор аст Бонки миллии Тоҷикистонро дар бораи тағйирот дар ҳайати кормандони роҳбарикунандаи худ на дертар аз се рӯз пас аз қабули қарори дахлдор хабардор намояд.
БОБИ 5. МАҚОМИ ТАНЗИМ ВА НАЗОРАТИИ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД
Моддаи 23. Бонки миллии Тоҷикистон мақоми танзим ва назоратии фаъолияти ташкилотҳои маблағгузории хурд
1. Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади ҳимояи манфиатҳои пасандоздорону амонатгузорон ва таъмини суботи низоми маблағгузории хурд танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои маблағгузории хурдро амалӣ менамояд.
2. Бонки миллии Тоҷикистон барои ташкилотҳои маблағгузории хурд бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ инҳоро муқаррар менамояд:
- меъёри андозаи ниҳоии қарзи хурд, вобаста ба намуди ташкилотҳои маблағгузории хурд;
- қоидаҳои ҳисобдорӣ, таҳияи ҳисобот, аз ҷумла ҳисоботи маҷмӯӣ ва тартиби пешниҳоди он ба Бонки миллии Тоҷикистон;
- ҳадди ақалли сармояи оинномавии ташкилотҳои амонатии қарзии хурд ва ташкилоти қарзии хурд;
- меъёрҳои мақбул ва тартиби ҳисобкунии онҳо барои ташкилотҳои амонатии қарзии хурд;
- тартиби гузаронидани амалиёти ҷудогонаи бонкӣ.
Моддаи 24. Меъёрҳои мақбул
1. Бонки миллии Тоҷикистон меъёрҳои мақбули зеринро барои ташкилотҳои амонатии қарзии хурд муқаррар менамояд:
- ҳадди ақалли сармояи оинномавӣ;
- андозаи ниҳоии хавф барои як қарзгир ё гурӯҳи қарзгирони ба ҳам алоқаманд;
- меъёри кифоятии сармоя;
- меъёри пардохтпазирии ҷорӣ;
- меъёри хавфҳои асъорӣ, фоизӣ ва ғайра;
- меъёри истифодаи маблағҳои худӣ барои харидани саҳмияҳои (ҳиссаҳои) шахсони ҳуқуқӣ;
- ҳадди ниҳоии пасандозҳо ва амонатҳои ҷалбшаванда.
2. Қарори Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи тағйир додани меъёрҳои мақбул ва тартиби ҳисобкунии онҳо пас аз 90 рӯзи интишори расмӣ мавриди амал қарор дода мешавад.
Моддаи 25. Назорат ва санҷиш
1. Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади риояи талаботи Қонуни мазкур, дигар қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон назорат ва санҷиши ташкилотҳои маблағгузории хурдро анҷом медиҳад, нисбат ба онҳо чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасониро татбиқ менамояд.
2. Мақомоти давлатӣ ҳуқуқ надоранд ба фаъолияти ташкилотҳои маблағгузории хурд дахолат намоянд.
3. Бонки миллии Тоҷикистон ҳангоми назорат ва санҷиш аз ташкилотҳои маблағгузории хурд, ҷамъиятҳои фаръӣ ва вобастаи онҳо пешниҳоди ҳуҷҷатҳо, тавзеҳот, баёнот, далелҳо, маълумот дар хусуси вазъи молиявӣ, манбаи маблағҳои пулӣ ва ҳар гуна маълумоти иловагии ба фаъолияти он дахлдоштаро талаб менамояд.
4. Кормандони ташкилотҳои маблағгузории хурд ӯҳдадоранд барои гузаронидани санҷиш ба кормандони Бонки миллии Тоҷикистон мусоидат карда, дастрасии онҳоро ба утоқҳои корӣ, хазинаҳо, китобҳои ҳисобдорӣ, суратҳисобҳо, ҳуҷҷатҳо, сабтҳо, аз ҷумла сабтҳои электронӣ таъмин намоянд.
5. Ҳар гуна маълумот, аз ҷумла маълумоти дорои сирри бонкӣ аз ҷониби ташкилотҳои маблағгузории хурд бо талаби кормандони Бонки миллии Тоҷикистон, ки санҷиш мегузаронанд, сари вақт бояд пешниҳод карда шаванд.
6. Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон барои риояи талаботи сирри бонкӣ тибқи қонун масъул мебошанд.
7. Бонки миллии Тоҷикистон на камтар аз як маротиба дар ду сол санҷиши маҷмӯии ташкилотҳои амонатии қарзии хурдро анҷом медиҳад.
8. Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад барои бекор кардани аҳдҳои ташкилотҳои маблағгузории хурд, ки бар хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шудаанд, ба суд муроҷиат намояд.
9. Тартиби гузаронидани санҷиши фаъолияти ташкилотҳои маблағгузории хурд бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 26. Чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ
1. Бонки миллии Тоҷикистон барои вайрон кардани Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон метавонад нисбат ба ташкилотҳои маблағгузории хурд як ё якчанд чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонии зеринро татбиқ намояд:
- ҷиҳати ислоҳ ва бартарафсозии камбудиҳо амрнома диҳад;
- гузаронидани як ё якчанд амалиётро маҳдуд ва ё манъ намояд;
- муваққатан аз кор барканор кардан ё аз вазифа озод кардани кормандони роҳбарикунандаи ташкилотҳои амонатии қарзии хурдро талаб намояд;
- меъёрҳои мақбулро барои ташкилотҳои амонатии қарзии хурд ба мӯҳлати то шаш моҳ тағйир диҳад;
- таъсиси филиал ва воҳиди дигари сохториро манъ намояд;
- ба ташкилотҳои амонатии қарзии хурд, ташкилотҳои қарзии хурд ба андозаи то як фоизи ҳадди ақалли сармояи оинномавӣ ва ба фондҳои қарзии хурд ба андозаи то 10 фоизи маблағи ибтидоӣ вобаста аз сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ ҷарима таъин намояд;
- азнавташкилдиҳии ташкилоти амонатии қарзии хурдро талаб намояд;
- иҷрои баъзе амалиёти дар иҷозатнома муайяншударо ба мӯҳлати то як сол боз дорад;
- иҷозатномаи ташкилоти маблағгузории хурдро бозхонд намуда, бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ба суд дар бораи барҳамдиҳии он муроҷиат намояд.
2. Чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасониро Бонки миллии Тоҷикистон дар мӯҳлати як сол аз рӯзи аз ҷониби ташкилоти маблағгузории хурд содир гардидани ҳуқуқвайронкуниҳо, аммо на дертар аз се моҳ баъди ошкор шудани онҳо амалӣ менамояд.
1. Маълумот дар бораи фаъолият ва ҳолати молиявии муштарӣ, ки ба ташкилоти маблағгузории хурд ҳангоми хизматрасонӣ ва муносибат бо муштарӣ ё бо шахси сеюм маълум шудааст ва ошкор кардани он метавонад ба муштарӣ зиёни моддӣ ё маънавӣ расонад, сирри бонкӣ мебошад.
2. Маълумоти зерин сирри бонкӣ маҳсуб мешавад:
- дар бораи мавҷудияти суратҳисобҳои бонкӣ, соҳибони онҳо, дар бораи маблағҳои пулии дар онҳо мавҷуда ва амалиёти бо ин суратҳисобҳо иҷрошавандаи муштариён;
- дар бораи интиқоли маблағҳои пулӣ аз тарафи шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисоб ва дар бораи фиристонандагони (гирандагони) онҳо;
- дар бораи маблағҳои пулӣ ва ашёи қиматбаҳои муштарӣ, ки дар ташкилоти маблағгузории хурд нигоҳ дошта мешаванд.
3. Маълумоте, ки ба сирри бонкӣ мансуб мебошад, танҳо ба шахсони зерин дода мешавад:
- ба соҳиби суратҳисоби бонкӣ ва соҳиби ашёи қиматбаҳо ё намояндаи онҳо;
- ба фиристонандагон ва гирандагони интиқолҳои пулӣ;
- ба Бонки миллии Тоҷикистон бо талаби он;
- ба судҳо дар асоси қарори (таъиноти) суд (судя);
- ба иҷрочии мақомоти иҷро дар асоси қарори иҷрочии суд вобаста ба ҳуҷҷати иҷро (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019
№ 1628);
- ба бюрои таърихи қарз мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таърихи қарз (кредит)";
- ба мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба муштариёни ташкилоти маблағгузории хурд, дар асоси қарори (таъиноти) суд (судя) мутобиқи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ба мақомоти андоз аз рӯи масъалаҳои пардохти андози шахсони ҳуқуқӣ дар асоси мактуби роҳбари мақоми андоз бо пешниҳоди нусхаи фармони мақоми андоз оид ба санҷиши онҳо, агар ин дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда бошад.
4. Муқаррароти мазкур дар ҳолати бо сабабҳои гуногун қатъ гардидани муносибатҳо байни муштарӣ ва ташкилоти маблағгузории хурд низ эътибори худро гум намекунанд.
5. Маълумот дар бораи сирри бонкӣ дар сурати вафоти муштарӣ ба инҳо дода мешавад:
- ба шахсоне, ки аз тарафи муштарӣ дар васиятнома зикр шудаанд;
- ба судҳо, идораҳои нотариалӣ ва консулгариҳои хориҷӣ аз рӯи парвандаҳои меросии муштарии фавтида.
6. Ошкор намудани сирри бонкӣ бе риояи шартҳои дар қисми 3 моддаи мазкур муқарраршуда манъ аст, агар Қонуни мазкур ҳолатҳои дигарро пешбинӣ накарда бошад.
7. Барои ғайриқонунӣ ошкор намудани сирри бонкӣ шахсони гунаҳкор бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
8. Маблағҳои дар суратҳисобҳо ё маблағҳо ва дороиҳои дигари дар ташкилоти маблағгузории хурд нигоҳдошташаванда дар асоси қарори (таъиноти) суд (судя), қарори иҷрочии мақомоти иҷро вобаста ба ҳуҷҷати иҷро ҳабс карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019
№ 1628).
9. Ҳангоми ҳабс намудани маблағҳои пулии дар суратҳисобҳо буда, ташкилоти маблағгузории хурд фавран амалиёти додани онро дар доираи маблағе, ки ҳабс карда шудааст, қатъ мекунад.
10. Ҳангоми ҳабс намудани ашёи қиматбаҳои дигаре, ки дар ташкилоти маблағгузории хурд нигоҳ дошта мешавад, ташкилоти маблағгузории хурд додани онро ба соҳибаш қатъ менамояд.
БОБИ 6. СОЛИ МОЛИЯВӢ ВА АУДИТ
Соли молиявии ташкилотҳои маблағгузории хурд 1 январ оғоз ёфта, 31 декабр анҷом меёбад.
1. Бонки миллии Тоҷикистон рӯйхати ташкилотҳои аудиториеро, ки дорои иҷозатномаи дахлдор, тахассус ва таҷрибаи кофии аудити ташкилоти қарзӣ буда, аудити ташкилотҳои қарзиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида метавонанд, муайян ва нашр мекунад.
2. Ташкилотҳои маблағгузории хурд танҳо аз рӯи ҳамин рӯйхат ташкилотҳои аудиториро барои гузаронидани аудит таъин менамоянд. Аудити берунии ҳисоботи молиявии солонаи ташкилотҳои маблағгузории хурд ҳар сол гузаронида мешавад.
3. Муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ" нисбат ба ташкилотҳои аудитории хориҷие, ки ба рӯйхати Бонки миллии Тоҷикистон дохил карда шудаанд, татбиқ намегардад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 №2071).
4. Муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "
Дар бораи фаъолияти аудиторӣ" нисбат ба ташкилотҳои аудиторие, ки аудити ташкилоти маблағгузории хурдро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронанд, бо назардошти Қонуни мазкур татбиқ мегардад.
5. Ташкилоти аудиторӣ ё корманди он бояд молик, корманди роҳбарикунанда, корманд ё намояндаи ташкилоти маблағгузории хурд набошад. Шахсе, ки дар ташкилоти маблағгузории хурд манфиат надорад, ба истиснои ҳолатҳои доштани пасандоз дар ташкилоти маблағгузории хурд, метавонад аудитори он таъин гардад.
6. Агар ташкилоти аудиторӣ ҳангоми гузаронидани аудит соҳиби ин гуна манфиат дар ташкилоти маблағгузории хурд гардад, пас хизматрасонии аудитории вай қатъ гардида, ташкилоти маблағгузории хурд ташкилоти аудитории дигарро таъин мекунад.
7. Ташкилоти аудиторӣ ба ташкилоти маблағгузории хурд хизматрасониҳоеро, ки бо вазифаҳои назорати дохилии ташкилоти маблағгузории хурд алоқаманданд, пешниҳод намекунад, ба истиснои хизматрасониҳои таълимие, ки дорои хусусияти доимӣ намебошанд.
8. Ташкилоти маблағгузории хурд наметавонад пай дар пай як ташкилоти аудиториро ба мӯҳлати зиёда аз се сол аудитор таъин намояд.
9. Мутобиқи стандартҳои байналмилалии аудит ташкилоти аудиторӣ аудити ташкилоти маблағгузории хурдро дар асоси назорати маҷмӯӣ анҷом медиҳад ва:
- изҳор мекунад, ки ташкилоти аудиторӣ ё ягон корманди ташкилоти аудиторӣ дар ташкилоти маблағгузории хурд ягон манфиат надорад ва талаботи қисми 7 моддаи мазкурро иҷро мекунад;
- дар риоя ва нигоҳдории қоидаҳои ташкили низоми дурусти ҳисобгирӣ ба ташкилоти маблағгузории хурд кӯмак мерасонад;
- дар нигоҳдории низоми дурусти назорати молиявӣ ва идоракунии хавфҳо ба ташкилоти маблағгузории хурд мадад мерасонад;
- дар мӯҳлати се моҳи баъди анҷоми соли молиявӣ дар бораи мукаммалӣ, холисӣ ва дурустии ҳисоботи молиявӣ хулосаи аудиторӣ ва назари аудиторӣ омода намуда, дар бораи вазъи молиявии ташкилоти маблағгузории хурд мутобиқи талаботи Қонуни мазкур ба Шӯрои нозирони (парасторони) ташкилоти маблағгузории хурд маълумоти муфассал пешниҳод мекунад;
- ба Шӯрои нозирони (парасторони) ташкилоти маблағгузории хурд ва Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи низоми таснифи қарзҳо ва таъминнокии дороиҳои (аз ҷумла, қарзҳои) шубҳанок тибқи талаботи Бонки миллии Тоҷикистон бо нишон додани камбудиҳо назари ташкилоти аудиториро пешниҳод мекунад;
- ба ҳар як узви Шӯрои нозирони (парасторони) ташкилоти маблағгузории хурд ва ба Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи ҳар як амали корманди роҳбарикунанда, корманд ё намояндаи ташкилоти маблағгузории хурд, ки аз нигоҳи ӯ вайрон кардани талаботи ин Қонун ё ягон санади меъёрии ҳуқуқӣ мебошад, хабар медиҳад;
- ба ҳар як узви Шӯрои нозирони (парасторони) ташкилоти маблағгузории хурд ва ба Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи ҳар як норасоӣ ё камбудии дар идоракунӣ ё амалиёти ташкилоти маблағгузории хурд ошкоршуда хабар медиҳад.
10. Ҳангоми таҳияи хулосаи аудиторӣ масъалаҳои зерин бояд ба назар гирифта шаванд:
- қобили қабул будани гузориш ва иттилооте, ки аз корманди роҳбарикунанда, корманд ё намояндаи ташкилоти маблағгузории хурд ҳангоми аудит талаб шудааст;
- дараҷаи воқеан ҷавобгӯй будани ташкилоти маблағгузории хурд ба талаботи низоми назорати дохилӣ ва муҳосибавӣ;
- усуле, ки ташкилоти маблағгузории хурд барои пешбурди китобҳои ҳисобдорӣ, ҳуҷҷатҳо, ҳисобот ва фарогирии амалиёт, ки барои мониторинг ва аудити дохилию берунӣ зарур аст, истифода мебарад;
- қобилияти кордонӣ ва ба талабот мувофиқ будани роҳбарияти ташкилоти маблағгузории хурд;
- камбудиҳои ҷойдошта, эродҳо ва тавсияҳо барои бартараф кардани онҳо, инчунин иҷрои тавсияҳо ва бартараф намудани эродҳои солҳои гузашта;
- дараҷаи саҳеҳии ҳуҷҷатҳои ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳодшуда ва мувофиқати онҳо ба мазмуни сабтҳо, китобҳои ҳисобдорӣ, низоми ҳисобдорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба ҳамин ҳуҷҷатҳо.
11. Ташкилотҳои маблағгузории хурд дар мӯҳлати на дертар аз 30 рӯзи баъди дастрасии хулосаи аудиторӣ ва тавсияномаи ташкилоти аудиторӣ, нусхаи онҳо ва ҳисоботи молиявии ислоҳшударо ба Бонки миллии Тоҷикистон ирсол менамояд.
12. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад аз ташкилоти аудиторӣ маълумоти иловагиро вобаста ба хулосаи он талаб намояд.
13. Пешниҳод кардани хулосаи аудитории носаҳеҳ ва ё муносибати ғаразноки ташкилоти аудиторӣ бо ташкилоти маблағгузории хурд сабаби хориҷ кардани ташкилоти аудиторӣ аз рӯйхати Бонки миллии Тоҷикистон мегардад.
БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 30. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 31. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 "
Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №5, мод. 349; с. 2007, №7, мод. 679; с.2008, № 10, мод. 808; с.2010, №12, қ.1. мод. 820) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 32. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
16 апрели соли 2012 № 816
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд" қабул карда шавад.
2. Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд" дар қироати дуюм аз 17 майи соли 2004 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №4, мод. 276; с. 2007, №6, мод. 521; с. 2008, № 6, мод. 530; с. 2010, №8-10, мод. 659) аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Зуҳуров
ш. Душанбе, 7 марти соли 2012, № 712
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе, 29 марти соли 2012 № 290
Пинҳон кардан