ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ ҲАТМИИ НАФАҚАВИИ КАСБӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2011,№12,мод.854; соли 2021, №12, қ.2, мод.715)
Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз12-уми октябри соли 2011, №544 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2011, №9-10, моддаи700 ) қабул гардидааст.
Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми декабри соли 2011, №243 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2011, №12 моддаи884 ) ҷонибдорӣ гардидааст.
Қонуни мазкур ба таъмини асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии суғуртаи ҳатмии нафақавии касбии кормандоне равона шудааст, ки шароити меҳнаташон махсус мебошад ва бо намудҳои алоҳидаи фаъолияти касбӣ машғуланд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ - низоми аз ҷониби давлат муқарраргардидаи муносибатҳоеро дар бар мегирад, ки аз ҷамъоварии маблағи аз ҳисоби саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ пардохтаи корфармо ба кормандони шароити меҳнаташон махсус ва бо намудҳои алоҳидаи фаъолияти касбӣ (минбаъд - корҳои шароиташон махсус) машғул ва аз истифодабарии ин маблағҳо барои пардохти нафақа бо сабаби шароити махсуси меҳнат иборат мебошад;
- муассисаи суғурта - мақомоти ваколатдори давлатие, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро оид ба суғуртаи ҳатмии нафақавӣ амалӣ менамояд;
- суғуртакунанда – корфармо аз ҷумлаи шахсони ҳуқуқӣ (аз ҷумла шахсони ҳуқуқӣ бо сармоягузории хориҷие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд), намояндагию филиалҳои онҳо ва соҳибкорони инфиродӣ, ки тибқи шартномаҳои меҳнатӣ корҳои шароиташон махсусро пешниҳод намуда, саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбиро пардохт менамояд;
- шахси суғурташуда - шахси воқеие, ки ба ў барои иҷрои корҳои шароиташон махсус саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ пардохт карда мешавад;
- саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ - пардохтҳои ҳатмии суғуртакунанда барои ҷамъоварии маблағҳо ҷиҳати таъминоти нафақавии касбӣ;
- собиқаи касбӣ - давомнокии кори шароиташон махсуси шахси суғурташудае, ки дар давоми он ба ў саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ пардохт гардидааст;
- собиқаи махсус – давомнокии кори шароиташ махсус, ки барои нафақаи меҳнатии имтиёзнок аз рўи синну сол вобаста ба шароити махсуси меҳнат ё ба нафақаи меҳнатӣ барои хизмати дарозмуддат мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ медиҳад;
- давраи пеш аз мўҳлати нафақавии шахси суғурташуда - давраи аз моҳи баъди моҳе, ки шахси суғурташуда барои таъини нафақаи касбии пеш аз мўҳлат муроҷиат кардааст, то моҳи расидан ба синни муқарраргардидаи нафақавӣ; (ҚҶТ аз 23.12.2021с. №1841)
- андўхтҳои нафақавии касбӣ – маблағе, ки барои нафақаи касбии шахси суғурташуда аз ҳисоби саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ ва даромадҳо аз ҳисоби сармоягузории он ҷамъгардида пардохта мешавад;
- нафақаи касбӣ – маблағи ҳармоҳае, ки аз ҳисоби андўхтҳои нафақавии касбӣ дар шакли нафақаи касбии пеш аз мўҳлат ё нафақаи касбии иловагӣ пардохт карда мешавад;
- нафақаи касбии пеш аз мўҳлат - нафақаи касбие, ки ба шахси суғурташуда дар давраи пеш аз расидан ба синни муқарраргардидаи нафақавӣ пардохт мешавад;
- нафақаи касбии иловагӣ - нафақаи касбие, ки ба шахси суғурташуда баъди расидан ба синни муқарраргардидаи нафақавӣ пардохт мешавад; (ҚҶТ аз 23.12.2021с. №1841)
- қисми касбии суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда - шакли баҳисобгирии махсус, ки дар он маблағи саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ, натиҷаҳои сармоягузорӣ, пардохтҳо ба шахси суғурташуда, давомнокии собиқаи касбӣ ва дигар маълумоти зарурӣ, ки ҷихати амалӣ намудани ҳуқуқҳо барои пардохт аз ҳисоби маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ мутобиқи Қонуни мазкур инъикос мегардад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи суғуртаи
ҳатмии нафақавии касбӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Принсипҳои асосии ташкил ва амали суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ
Суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ аз рўи принсипҳои зерин ташкил меёбад ва амал мекунад:
- масъулияти корфармоён оид ба эҳтимолияти паст гардидани қобилияти кории корманд дар натиҷаи ба корҳои шароиташон махсус машғул будан то расидан ба синни муқарраргардидаи нафақавӣ;
- пешниҳод намудани нафақаи касбӣ то расидан ба синни муқарраргардидаи нафақавӣ ё дар намуди пардохти иловагӣ ба нафақа баъди расидан ба синни муқарраргардидаи нафақавӣ бо мақсади ҷуброни музди меҳнате, ки дар натиҷаи қатъ гардидани корҳои шароиташон махсус аз он маҳрум шудааст;
- интихоби ҷуброни корҳои шароиташон махсус аз ҷониби шахси суғурташуда;
- бо роҳи андўхт ҷамъоварӣ кардани маблағи пардохти нафақаҳои касбӣ;
- ҳамарзишии андозаи нафақаи касбӣ ба ҳаҷми андўхтҳои нафақавӣ;
- шарикии иҷтимоӣ ҳангоми амалӣ гардонидани суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ;
- назорати давлатӣ ба амалигардонии суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ.
(ҚҶТ аз 23.12.2021с. №1841)
БОБИ 2. СУБЪЕКТҲОИ СУҒУРТАИ ҲАТМИИ НАФАҚАВИИ КАСБӢ
Моддаи 4. Субъектҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ
Субъектҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ инҳоянд:
- суғуртакунанда (корфармо);
- муассисаи суғурта;
- шахси суғурташуда.
Моддаи 5. Кормандоне, ки бояд мавриди суғуртаи ҳатмии нафақавии
касбӣ қарор гиранд
1. Бо назардошти шартҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур шахсони зерин бояд мавриди суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ қарор гиранд:
- кормандоне, ки рўзи пурраи корӣ ба корҳои зеризаминӣ ва корҳои шароиташон махсусан зарарноку махсусан вазнин машғуланд;
- кормандоне, ки рўзи пурра дар шароити зарарноку вазнин кор мекунанд;
- кормандоне, ки рўзи пурра бевосита дар конҳои зеризаминӣ ва кушода (аз ҷумла ҳайати шахсии қисмҳои наҷотдиҳии кормандони конҳо) ангишт, сланетс ва маъданҳои дигар истихроҷ мекунанд, дар сохтмони шахтаю конҳо машғули кор мебошанд, инчунин кормандони касбҳои пешбари ин корҳо: поккорони конҳо, нақбканҳо, маъданканҳо, мошинкорони мошинҳои ҳамлу нақли маъдан;
- занҳои тракторчӣ, тракторчӣ - мошинкори истеҳсолоти кишоварзӣ, дигар соҳаҳои иқтисодиёт, мошинкори мошинҳои бинокорӣ, роҳсозӣ ва боркунандаю борфуроранда;
- занҳое, ки дар истеҳсолоти бофандагии меҳнаташ пуршиддат ва вазнин кор мекунанд;
- мардҳои тракторчӣ, мошинкори истеҳсолоти кишоварзӣ, ки маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол мекунанд;
- занҳои говҷўш (операторони мошинҳои говҷўшии фермаҳои механиконидашуда);
- коргарони бригадаҳои локомотивҳо ва гурўҳҳои алоҳидаи кормандоне, ки ба ташкили корҳои бору мусофиркашонӣ бевосита машғул буда, бехатарии ҳаракатро дар нақлиёти роҳи оҳан таъмин мекунанд;
- ронандагони автомобилҳои боркаши шахтаҳо, конҳои маъдан, конҳои кўшода, ки ангишт, сланетс, маъдан ва сангу хок мекашанд;
- кормандони экспедитсияҳо, гурўҳҳо, дастаҳо, бригадаю участкаҳои корҳои саҳроии иктишофи гидрологӣ, ҷангалдорӣ ва корҳои таҳқиқотӣ;
- ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашонии шаҳрӣ;
- кормандоне, ки парвози ҳавопаймоҳои гражданиро бевосита идора менамоянд;
- инженеру техникҳои хизматрасонии бевоситаи ҳавопаймоҳои гражданӣ;
- ҳайати ҳавонавардон ва озмоишгарони ҳавопаймоҳои гражданӣ;
- ходимони ҳавопаймоҳо;
- занҳое, ки тамоми мавсим пахтаю тамоку парваришу ҷамъоварӣ мекунанд;
- мардҳое, ки тамоми мавсим пахта парвариш ва ҷамъоварӣ мекунанд;
- гурўҳҳои алоҳидаи кормандони соҳаи маориф;
- гурўҳҳои алоҳидаи кормандони соҳаи тандурустӣ;
- гурўҳҳои алоҳидаи ҳунарпешаҳои театр ва муассисаю коллективҳои дигари театру тамошогоҳҳо;
- варзишгарони касбӣ.
2. Рўйхат ва номгўйи корҳои шароиташон махсусан зарарнок ва махсусан вазнинро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
Моддаи 6. Ташкили шароит барои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ
1. Бо мақсади таъмини суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ суғуртакунанда бояд бо муассисаи суғурта шартнома бандад. Пас аз бастани шартнома барои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ он наметавонад яктарафа то лаҳзаи иҷрои ҳамаи уҳдадориҳое, ки аз шартҳои шартномаи мазкур бармеоянд, бекор карда шавад.
2. Талабот оид ба шартҳо, уҳдадориҳо ва муҳлати шартномаи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ дар шартномаи коллективӣ байни корфармо ва кормандон муайян карда мешаванд.
3. Суғуртакунандагоне, ки шароити махсуси корӣ доранд, бо назардошти имконоти молиявӣ ҳуқуқ доранд дар асоси шартномаи коллективӣ аз ҳисоби маблағҳои худ ба кормандони собиқ иловапулӣ ба ҳаҷми нафақаи суғуртавии муқарраршуда таъин ва пардохт намоянд. (ҚҶТ аз 23.12.2021с. №1841)
4. Барои шахсоне, ки дар муассисаи суғурта суғурта шудаанд ва дар конҳои зеризаминӣ, дар шароити махсусан зарарноку вазнин кор кардаанд, нафақаи касбӣ муқаррар мегардад ва ҳармоҳа аз рўзи муқаррар намудан то ба итмом расидани давраи нафақавии пеш аз мўҳлат пардохт карда мешавад.
БОБИ 3. ТАРИФ, ЗАМИНАИ САҲМБАНДӢ ВА ПАРДОХТҲО АЗ ҲИСОБИ МАБЛАҒИ СУҒУРТАИ ҲАТМИИ НАФАҚАВИИ КАСБӢ
Моддаи 7. Ташаккул ва хароҷоти маблағи суғуртаи
ҳатмии нафақавии касбӣ
1. Маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ аз ҳисоби саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ ва даромади нигоҳдории онҳо ҷамъоварӣ мешавад.
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ ва нигоҳдории маблағҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбиро таъмин менамояд. (ҚҶТ аз 23.12.2021с. №1841)
3. Нигоҳдорӣ ва бозпасгардонии маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбиро муассисаи суғурта кафолат медиҳад.
4. Маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ наметавонад ба дигар мақсадҳои пешбининакардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ харҷ карда шавад, инчунин маблағи мазкур наметавонад барои ситонидани қарзи муассисаи суғурта, бонки ваколатдор, суғуртакунандагон ва шахсони суғурташуда харҷ карда шавад.
Моддаи 8. Саҳмҳо барои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ
1. Саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ ба кормандоне пардохт мегардад, ки ба корҳои мансуб ба номгўйи корҳои шароиташон махсус машғул мебошанд.
2. Объекти ҳисоби саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ ҳама гуна пардохтҳои пулие мебошанд, ки ба корманд бо сабаби машғул будан ба корҳои мансуб ба номгўйи корҳои шароиташон махсус ҳисоб шудаанд.
3. Саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ ба муассисаи суғурта ҳармоҳа пардохт карда мешавад.
4. Дар ҳолате, ки маблағи воқеан пардохтгардидаи саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ барои давраи ҳисоботӣ аз ҳаҷми саҳмҳои ҳисобидашуда кам бошад ва дар муҳлати 15 рўз пас аз моҳи ҳисоботӣ суғуртакунанда маблағи камомадро пардохт накунад, муассисаи суғурта:
- суғуртакунандаро дар хусуси аз ҷониби ў иҷро кардани уҳдадориҳои шартномаи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ ба таври хаттӣ огоҳ менамояд;
- ҷиҳати ситонидани маблағҳои пардохтнагардида дар доираи ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, чораҳо меандешад.
5. Саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ барои кормандоне, ки ба синни муқарраргардидаи нафақавӣ расидаанд, пардохт карда намешавад.
(ҚҶТ аз 23.12.2021с. №1841)
Моддаи 9. Пардохткунандаҳои саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ
Пардохткунандаҳои саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ корфармоёне мебошанд, ки ҷойҳои кории шароиташон махсус доранд ва саҳмҳои суғуртавиро барои кормандоне, ки дар ин ҷойҳо кор мекунанд, пардохт менамоянд.
Моддаи 10. Заминаи саҳмбандии суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ
Заминаи саҳмбандии суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ ҳамчун маблағи пардохти бо моддаи 8 Қонуни мазкур пешбининамудае, ки пардохткунандаи саҳмҳо дар давраи ҳисоботӣ барои кормандон ҳисоб намудааст, муайян карда мешавад.
Моддаи 11. Маблағҳое, ки барои суғуртаи ҳатмии нафақавии
касбӣ саҳмбандӣ намешаванд
Маблағҳои зерини суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ саҳмбандӣ намешаванд:
1) кўмакпулиҳои давлатие, ки дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт мешаванд;
2) ҳама намудҳои ҷубронпулии бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардидаи вобаста ба:
- товони зарари маъюбӣ дар натиҷаи ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот ё бемории касбӣ;
- ҷуброни маблағи пардохтшуда барои манзили зист, хизматрасонии коммуналӣ ва сўзишворӣ;
- пардохти маблағи арзиши таъминоти озуқа ва молҳо;
- ҷубронпулии аз кор озод намудан ё рухсатии меҳнатии истифоданашуда;
- пардохти маблағи арзиши либоси махсус ва пойафзоли корӣ;
- маблағи ёрии моддӣ ва дигар пардохтҳои яквақтаина;
- хароҷоти сафари хизматӣ;
- хароҷоти дигаре, ки ба иҷрои вазифаи асосии корманд вобаста намебошад.
Моддаи 12. Тарифҳои саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ
1. Корфармоёне, ки барои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ шартнома мебанданд, ба муассисаи суғурта саҳмҳои суғуртавиро барои шахсони дар сархатҳои якум, дуюм ва сеюми қисми 1 моддаи 5 Қонуни мазкур номбаршуда ба андозаи 5 фоиз аз фонди музди меҳнати воҳиди сохтории дорои ҷойҳои шароити вазнин ва зарарнок, барои кормандони дигари дар қисми 1 моддаи 5 ҳамин Қонун – 2,5 фоиз аз фонди музди меҳнат пардохт менамоянд. (ҚҶТ аз 23.12.2021с. №1841)
2. Маблағи ҳисобгардидаи саҳми суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ барои ҳар як корманди дар қисми 1 моддаи 5 Қонуни мазкур нишондодашуда наметавонад аз 1 фоизи андозаи бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо кам бошад.
Моддаи 13. Давраи ҳисоббаробаркунӣ
Давраи ҳисоббаробаркунии саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ моҳи сипаришуда мебошад. Саҳмҳо дар як вақт бо пардохти музди меҳнат ва андози иҷтимоӣ ҳисоб ва пардохт карда мешаванд. (ҚҶТ аз 23.12.2021с. №1841)
Моддаи 14. Тартиби ҳисоби саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ ва мўҳлати пардохти онҳо
1. Саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ ҳар моҳ то санаи 10-уми моҳи навбатии пас аз анҷоми давраи ҳисоббаробаркунӣ аз рўи заминаи саҳмбандии суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ ва тарифҳои дар моддаи 12 Қонуни мазкур пешбинишуда пардохт карда мешаванд.
2. Пардохткунандагони саҳмҳо ба муассисаи суғурта на дертар аз санаи 15-уми моҳи баъди давраи ҳисоббаробаркунии сипаришуда ҳисобот оид ба пардохти саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбиро пешниҳод менамоянд. (ҚҶТ аз 23.12.2021с. №1841)
Моддаи 15. Назорат аз рўи саҳмбандӣ ва пардохти саҳмҳои суғуртаи
ҳатмии нафақавии касбӣ
Назорати саҳмбандӣ ва пардохти саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ ба зиммаи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба суғуртаи ҳатмии нафақавӣ буда, онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 16. Пардохтҳо аз ҳисоби маблағи суғуртаи ҳатмии
нафақавии касбӣ
1. Нафақаи шахсоне, ки корхонаҳои шароити корашон махсус ва корфармо, ки мувофиқи Қонуни мазкур ба муассисаи суғурта саҳмҳоро барояшон пардохт намудааст, аз ҳисоби маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ пардохта мешавад.
2. Агар шахси суғурташуда барои таъини пардохтҳо аз ҳисоби маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ муроҷиат накунад ё маблағи нафақавии андўхта дар мўҳлати бо моддаи 20 Қонуни мазкур муқарраршуда ба шахсони дар моддаи 17 Қонуни мазкур зикргардида дода нашавад, маблағи дар қисми касбии суратҳисоби инфиродӣ ба ҳисоб гирифташуда ба захираи буҷети муассисаи суғурта гузаронидашуда, суратҳисоб бо тартиби муқарраргардида пўшида мешавад.
3. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, ба гирифтани пардохтпулиҳо аз ҳисоби маблағи суғуртаи нафақавии касбӣ дар асосҳои умумии барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида ҳуқуқ доранд, ба шарте, ки
санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд.
Моддаи 17. Додани маблағи андўхтҳои нафақавӣ мавриди фавти
шахси суғурташуда
1. Мавриди шахси суғурташуда маблағи андўхти нафақавии дар қисми касбии суратҳисоби инфиродии ў ба ҳисоб гирифташуда дар мўҳлати муқаррарнамудаи моддаи 23 Қонуни мазкур ба ворисони ў дода мешавад.
2. Дар сурати набудани ворисон маблағи андўхти нафақавии дар қисми касбии суратҳисоби инфиродӣ ба ҳисоб гирифташуда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
Моддаи 18. Ҷуброни хароҷоти фаъолияти муассисаи суғурта
1. Хароҷоти фаъолияти муассисаи суғурта аз ҳисоби даромади сармоягузории маблағи нафақавӣ ҷуброн карда мешавад.
2. Ҳадди ниҳоии андозаи хароҷоти зикршударо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, вале он наметавонад аз 15 фоизи даромади сармоягузории маблағи андўхти нафақавӣ зиёд бошад.
Моддаи 19. Истифодаи маблағи андўхти нафақавӣ
Маблағи андўхти нафақавӣ танҳо барои мақсадҳои пешбининамудаи моддаҳои 16 - 18 ва 26 Қонуни мазкур харҷ карда мешавад.
БОБИ 4. ҲУҚУҚ ВА ЎҲДАДОРИҲОИ СУБЪЕКТҲОИ СУҒУРТАИ ҲАТМИИ НАФАҚАВИИ КАСБӢ
Моддаи 20. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои шахси суғурташуда
1. Шахси суғурташуда ҳуқуқ дорад:
- аз суғуртакунанда дар бораи саҳмҳои пардохтшуда барои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ ва дигар маълумоти ба муассисаи суғурта пешниҳодшударо талаб намояд;
- дар бораи дастрасии маълумот оид ба вазъи ҷории қисми касбии суратҳисоби инфиродиаш ба муассисаи суғурта муроҷиат намояд;
- барои таъини нафақа аз ҳисоби маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ дар шакли нафақаи касбӣ дар давоми на дертар аз панҷ сол баъди расидан ба синни муқарраргардидаи нафақавӣ муроҷиат намояд; (ҚҶТ аз 23.12.2021с. №1841)
- дар сурати риоя нагардидани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худ бо шикоят аз рўи фаъолияти суғуртакунанда ба муассисаи суғурта муроҷиат намояд. Дар сурати ба чораҳои андешидаи ин мақомот розӣ набудани шахси суғурташуда ў метавонад ба суд муроҷиат намояд.
2. Шахси суғурташудае, ки ба ў нафақаи касбӣ таъин карда шудааст, ўҳдадор аст дар бораи ҳолатҳое, ки ба пардохти маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ таъсир мерасонанд, дар мўҳлати на дертар аз як моҳи пас аз воқеъ шудани ҷунин ҳолат ба муассисаи суғурта хабар диҳад.
Моддаи 21. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои суғуртакунанда
1. Суғуртакунанда ҳуқуқ дорад аз муассисаи суғурта дар бораи саҳмҳои воридшудаи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ ва собиқаи касбии шахси суғурташуда маълумот талаб намояд.
2. Суғуртакунанда ўҳдадор аст:
- бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ шароити меҳнатро дар ҷойҳои корӣ арзёбӣ намояд;
- бо тартиби муқарраршуда номгўйи ҷойҳои кории шароиташ махсусро тасдиқ намояд;
- саҳмпулиҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбиро сари вақт ва тибқи муқаррароти Қонуни мазкур пардохт намояд;
- дар бораи шахсони суғурташуда ба муассисаи суғурта барои баҳисобгирии қисми касбии суратҳисоби инфиродӣ маълумоти зарурӣ пешниҳод намояд;
- ба шахси суғурташуда дар бораи саҳмпулиҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбии ҳисобкарда ва пардохтшуда, инчунин дар бораи собиқаи касбӣ маълумот пешниҳод намояд;
- дар сурати пеш омадани ҳолатҳое, ки ба ҳуқуқи шахси суғурташуда барои гирифтани нафақаи касбии пеш аз мўҳлат (пардохти он) таъсир мерасонанд, дар мўҳлати на дертар аз як моҳи пас аз вуқўъ омадани ҷунин ҳолатҳо ба муассисаи суғурта хабар диҳад.
Моддаи 22. Вазифаҳои муассисаи суғурта
Муассисаи суғурта вазифадор аст:
- ҷамъоварӣ ва баҳисобгирии саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбиро таъмин намояд;
- индексатсияи маблағҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбии шахсони суғурташударо, ки дар қисми касбии суратҳисоби инфиродӣ ба ҳисоб гирифта шудаанд, бо назардошти даромадҳо аз ҷобаҷогузории онҳо таъмин намояд;
- ба шахсони суғурташуда дар бораи вазъи кунунии қисми касбии суратҳисоби инфиродии онҳо ва ба суғуртакунанда оид ба саҳмпулиҳои воридшудаи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ, инчунин собиқаи касбии шахсони суғурташуда маълумот пешниҳод намояд;
- тартиб ва шартҳои ташаккулёбӣ, нигоҳдорӣ, ҷобаҷогузорӣ ва сармоякунонии маблағҳоеро, ки аз ҷониби суғуртакунандагон барои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ пардохт гардидаанд, муайян намояд;
- устувории молиявӣ ва тавозуни низоми суғуртаи ҳатмии нафақавии касбиро таъмин намояд;
- назорати риояи қонунгузории низоми суғуртаи ҳатмии нафақавии касбиро дар корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар таъмин намуда, барои риоя нагардидани талаботи қонунгузорӣ, шарт ва муҳлатҳои шартномаҳои байни муассисаи суғурта ва суғуртакунандагон басташуда дар доираи ваколатҳои худ чораҳои зарурӣ андешад;
- ҷойгиркунонии даромадноки маблағҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбиро дар коғазҳои қиматнок ва депозитҳои бонкӣ таъмин намояд; (ҚҶТ аз 23.12.2021с. №1841)
- маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбиро танҳо барои мақсадҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ истифода барад;
- маблағи нафақаҳои касбиро ҳисоб, таъин ва пардохт намояд;
- дигар талаботҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар асоси он қабулгардидаро риоя намояд.
Моддаи 23. Қисми касбии суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда
1. Бо мақсади таъмини баҳисобгирии пурраву саривақтӣ ва иҷрои ўҳдадориҳои шахсони суғурташуда пешбурди қисми касбии таркиби суратҳисоби инфиродӣ аз ҷониби муассисаи суғурта амалӣ карда мешавад.
2. Тартиби пешбурди суратҳисоби инфиродӣ дар бораи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи давлатии нафақавӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад.
3. Даромади сармоягузорӣ дар суратҳисоби инфиродӣ на камтар аз як маротиба дар як сол ва на дертар аз 30 марти соли ояндаи пас аз соли ҳисоботӣ инъикос карда мешавад, ба шарте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.
4. Дар сурати қатъ кардани шартномаи меҳнатӣ, инчунин дар сурати мавҷудияти дигар асосҳои қонунӣ барои қатъ ё манъ кардани вазифаҳои корфармо оид ба пардохти саҳмпулии суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ, суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда то иҷрои ўҳдадориҳои ба зимма гузоштаи шахси суғурташуда ё гузаштани мўҳлати пешбининамудаи муроҷиат тибқи Қонуни мазкур кушода нигоҳ дошта мешавад.
5. Дар сурати аз ҷониби ворисони (вориси) шахси суғурташудаи фавтида пешниҳод намудани васиятнома ё шаҳодатномаи ҳуқуқи меросгирӣ муассисаи суғурта вазифадор аст, ки дар давоми 10 рўз маблағи нафақавии дар қисми касбии суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда андўхтаро ба суратҳисобҳои бонкии ворисон (ворис) гузаронад ва суратҳисоби ўро бандад.
Моддаи 24. Ҳисоб намудани даромади нигоҳдории маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ
1. Даромади нигоҳдории маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ ҳар сол аз ҷониби муассисаи суғурта ҳисоб карда мешавад.
2. Маблағи андўхтҳои нафақавие, ки аз ҷониби шахсони суғурташуда ё шахсони ваколатдори онҳо талаб карда нашудаанд, ба қисми даромади нигоҳдории маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбии муассисаи суғурта ворид карда мешавад.
Моддаи 25. Ҳифзи маълумоти фардии шахсони суғурташуда
1. Маълумоти фардии шахсони суғурташуда, ки ташкилотҳои корфармо ва муассисаи суғурта медиҳанд, инчунин дигар маълумоти дар қисми касбии суратҳисоби инфиродӣ мавҷуда иттилооти пинҳонӣ ба ҳисоб мераванд. Мазмун ва ҳаҷми маълумоти фардии додашаванда, нигоҳдошташаванда ва коркардшаванда набояд аз доираи талаботи Қонуни мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баҳисобгирии инфиродии низоми суғуртаи нафақавӣ берун барояд. Маълумоти фардӣ ба иттилои шахси сеюм, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, расонида намешавад.
2. Ба маълумоти фардии ташкилоти корфармо ва муассисаи суғурта танҳо шахсони махсуси ваколатдор дастрасӣ доранд. Дар ин маврид шахсони мазкур танҳо ба маълумоте дастрасӣ доранд, ки барои иҷрои вазифаҳои мушаххаси онҳо зарур аст.
3. Роҳбарон, шахсони мансабдор ва кормандони ташкилотҳои корфармо ва муассисаи суғурта, ки мутобиқи Қонуни мазкур дар ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, ирсол ва истифодаи маълумоти дорои хусусияти махфӣ, ки ба ҷараёни ташаккул ва сармоягузории андўхтҳои нафақавӣ, инчунин маълумоти қисми касбии суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда иштирок менамоянд, вазифадоранд иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи иттилооти дастрасиаш маҳдуд таъмин намоянд.
БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 26. Таъин ва пардохти нафақаҳои меҳнатӣ ба шахсони суғурташудае, ки то ҷорӣ намудани суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ дар корхонаҳои шароити меҳнаташон махсус кор кардаанд
1. Ба шахсони суғурташудае, ки то ҷорӣ намудани пардохти нафақа аз ҳисоби маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ тибқи муқаррароти моддаи 16 Қонуни мазкур дар корхонаҳои шароити меҳнаташон махсус кор кардаанд ва ба нафақаи касбии пеш аз мўҳлат ҳуқуқ надоранд, нафақаи меҳнатии имтиёзнок аз рўи синну сол барои иҷрои корҳои шароиташон махсус ё нафақаи меҳнатӣ барои хизмати дарозмуддат тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва пардохт карда мешавад.
2. Мавриди муайян намудани ҳуқуқи шахси суғурташуда ба чунин намуди нафақаи меҳнатӣ ба сифати илова ба собиқаи махсусе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд, собиқаи касбии дахлдори мувофиқ ба инобат гирифта мешавад. Дар ин маврид нафақаи меҳнатӣ бо розигии шахси суғурташуда барои гузаронидани маблағи нафақавии андўхтаи қисми касбии суратҳисоби инфиродии ў бо мақсади ҷуброни хароҷоти вобаста ба маблағгузории нафақаи меҳнатӣ дар давраи то расидан ба синни муқарраргардидаи нафақавӣ таъин ва пардохт карда мешавад.
3. Тартиби гузаронидани маблағи андўхтҳои нафақавиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. (ҚҶТ аз 23.12.2021с. №1841)
Моддаи 27. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 28. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
1. Қонуни мазкур ба истиснои моддаҳои 16, 17 ва қисми 2 моддаи 26 аз 1 январи соли 2013 мавриди амал қарор дода шавад.
2. Моддаҳои 16, 17 ва қисми 2 моддаи 26 Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2017 мавриди амал қарор дода шаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Ш. Душанбе 26 декабри соли 2011, №790
Пинҳон кардан