ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ОЗОДИИ ВИҶДОН ВА ИТТИҲОДИЯҲОИ ДИНӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №3, мод. 82; с. 2011, №6, мод. 450; Қонуни ҶТ аз 02.01.2018 с., №1497)
Бо эътироф ва тасдиқи ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, инчунин баробарии ҳама дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод,
дар асоси он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ аст,
бо арзи эҳтиром ва таҳаммул ба тамоми дину мазҳабҳо,
бо эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон,
Қонуни мазкур қабул карда мешавад.
БОБИ 1.
МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Муносибатҳое, ки Қонуни мазкур танзим менамояд
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба ҳуқуқи инсон ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, муносибатҳои байни давлат ва иттиҳодияҳои динӣ, инчунин вазъи ҳуқуқии иттиҳодияҳои диниро танзим менамояд. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1497)
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1497)
Моддаи 3. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- озодии виҷдон – ҳуқуқи ҳар як инсон ва шаҳрванд барои ихтиёрӣ ва мустақилона муайян намудани муносибати худ ба дин, ба танҳоӣ ва ё ҳамроҳи дигарон пайравӣ кардан ва ё пайравӣ накардан ба ягон дин, ба таври озод интихоб кардан ва тағйир додани эътиқоди динӣ, инчунин баён намудан ва паҳн кардани ҳама гуна эътиқоди марбут ба дин ва ҷаҳонбинии атеистӣ;
- озодии пайравӣ ба дин – ҳуқуқи ҳар як инсон ва шаҳрванд барои озодона ва мустақилона интихоб кардани ягон дин ва пайравӣ намудан ба он, иштирок дар ибодати динӣ, адои маросимҳои динӣ ва таълими динӣ;
- иттиҳодияи динӣ – иттиҳоди ихтиёрии пайравони як дин ба мақсади якҷоя анҷом додани ибодат ва маросимҳои динӣ, таълими динӣ, инчунин паҳн намудани эътиқоди динӣ.
Моддаи 4. Ҳуқуқ ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин
1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, аз ҷумла ҳуқуқи ба танҳоӣ ва ё ҳамроҳи дигарон пайравӣ кардан ба ҳар гуна дин ё пайравӣ накардан ба ягон дин, ба таври озод интихоб, паҳн намудан ва дигар кардани ҳама гуна эътиқоди динӣ ва эътиқодҳои дигар, инчунин мутобиқи онҳо амал кардан кафолат дода мешавад.
2. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама новобаста аз муносибаташон ба дин ва мансубияти динӣ дар назди қонун баробаранд.
3. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар адои маросимҳои динӣ иштирок карда метавонанд ва барои риоя кардани қонунгузорӣ дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ масъуланд. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1497)
4. Ҳеҷ кас ўҳдадор нест, ки дар бораи муносибати худ ба дин маълумот диҳад. Шахс ҳангоми муайян кардани муносибати худ ба дин, ба пайравӣ ё дасткашӣ аз пайравии дин, ба иштирок кардан ё накардан дар ибодати динӣ, дигар расму оин ва маросимҳои динӣ, дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, дар таълими дин маҷбур карда намешавад.
5. Монеъшавӣ ба амалӣ гардонидани ҳуқуқ ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, аз ҷумла бо истифодаи зўроварӣ нисбат ба шахс, бо таҳқири ҳиссиёти шаҳрвандон вобаста ба муносибати онҳо ба дин, бо тарғиби афзалияти динӣ, бо маҳв намудани молу мулк ё осеб расонидан ба он ё бо таҳдиди анҷом додани чунин амалҳо манъ буда, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарӣ мегардад. Гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ ва ҷой додани матну тасвирҳои таҳқиркунандаи ҳиссиёти динии шаҳрвандон дар назди объектҳои мўътабари динӣ манъ аст.
6. Даъват ба ҳар гуна бартариҳо ва маҳдудиятҳо дар муносибат ба дин ва эътиқод роҳ дода намешавад.
7. Маҳдуд кардани ҳуқуқи инсон ба озодии виҷдон ва пайравӣ ба дин танҳо бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1497)
8. Барангехтани ҳар гуна кинаву адоват ва низои динӣ, таҳқири ҳиссиёти динӣ ва атеистии шаҳрвандон манъ мебошад.
9. Ба фаъолияти таблиғотии оммавии динӣ танҳо иттиҳодияҳои диние ҳуқуқ доранд, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ба қайд гирифта шудаанд.
10. Айбдор кардани шахс бо сабаби диндорӣ ё бединӣ ва ё тарки дин манъ аст.
11. Иттиҳодияҳои динӣ дар масъалаҳои вобаста ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин ҳуқуқи дахолат ба ҳаёти шахсии инсон ва шаҳрвандро надоранд.
12. Дар ҳуҷҷатҳои расмӣ ба қайди муносибати шаҳрванд ба дин ва эътиқод роҳ дода намешавад.
13. Ҳеҷ кас наметавонад бо сабаби эътиқоди динии худ аз иҷрои ўҳдадориҳои муқаррарнамудаи қонун даст кашад. Иваз кардани иҷрои як ўҳдадорӣ ба дигар ўҳдадорӣ бо сабаби эътиқоди динӣ танҳо дар ҳолатҳои дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда мумкин аст.
14. Падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда ҳуқуқ доранд, ки фарзандонашонро тибқи муносибати шахсии худ ба дин бо риояи ҳуқуқи кўдак ба озодии виҷдон таълиму тарбия диҳанд.
15. Ҷалб кардани ноболиғон ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ба ноболиғон додани таълими динӣ бе иҷозати хаттии падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда манъ аст.
БОБИ 2.
ДАВЛАТ ВА ИТТИҲОДИЯҲОИ ДИНӢ
Моддаи 5. Муносибати давлат ва иттиҳодияҳои динӣ
1. Давлат барои таъмини озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони диндор ва иттиҳодияҳои динӣ шароити мусоид фароҳам меорад.
2. Мутобиқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад. Иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо мебошанд ва давлат: (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1497)
- ба муайян намудани муносибати инсон ва шаҳрванд ба дин ва мансубияти динӣ дахолат намекунад;
- ба зиммаи иттиҳодияҳои динӣ иҷрои вазифаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, муассисаҳои давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро намегузорад; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1497)
- ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ба истиснои ҳолатҳои дар қонунҳо пешбинишуда, дахолат намекунад;
- хусусияти дунявии таҳсилотро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ таъмин менамояд;
- барои пойдории таҳаммул ва эҳтироми байни шаҳрвандони диндору бедин, байни иттиҳодияҳои динии дину мазҳабҳои гуногун, инчунин байни пайравони онҳо мусоидат менамояд, ба зуҳуроти таассуб ва ифротгароӣ дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ роҳ намедиҳад.
3. Мутобиқи принсипи ҷудоии иттиҳодияҳои динӣ аз давлат иттиҳодияи динӣ:
- дар доираи низоми дохилии парастишӣ ва ғайрипарастишии худ, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф намебошанд, фаъолият менамояд, ходимон ва кормандонашро тибқи муқаррароти эътиқоди динии худ ва талаботи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб, таъин ва иваз мекунад; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1497)
- вазифаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, муассисаҳои давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро иҷро накарда, ба фаъолияти онҳо дахолат намекунад; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1497)
- дар интихобот ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот иштирок наменамояд; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1497)
- дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳаракатҳои сиёсӣ иштирок накарда, ба онҳо кўмаки моддӣ ва дигар кўмакҳо намерасонад.
4. Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1497)
Моддаи 6. Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин
Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин чунин салоҳият дорад:
- сиёсати давлатро оид ба таъмини ҳуқуқ ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин амалӣ менамояд ва муносибати онро бо иттиҳодияҳои динӣ ҳамоҳанг месозад;
- омўзиш ва таҳлили фаъолияти иттиҳодияҳои динии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунандаро анҷом медиҳад;
- дар доираи салоҳияти худ корҳои иттилоотию таблиғотӣ анҷом медиҳад;
- оид ба таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин корҳои фаҳмондадиҳӣ мебарад;
- барои такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин пешниҳодҳо таҳия мекунад;
- фаъолияти иттиҳодияҳои диниро оид ба иҷрои маросими динӣ назорат мекунад; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1497)
- дар доираи салоҳияти худ санадҳои меъёрии ҳуқуқиро вобаста ба татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ таҳия ва қабул менамояд; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1497)
- қайди давлатӣ ва баҳисобгирии иттиҳодияҳои диниро анҷом медиҳад;
- масъалаҳои марбут ба салоҳияташро шарҳу тавзеҳ медиҳад;
- салоҳиятҳои дигареро, ки Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, амалӣ мекунад.
Моддаи 7. Низоми таҳсилоти давлатӣ ва таълими динӣ
Мутобиқи принсипи ҷудо будани таҳсилоти давлатӣ аз иттиҳодияҳои динӣ таълим дар муассисаҳои давлатии таҳсилоти умумӣ хусусияти дунявӣ дошта, дастрас будани намудҳо ва зинаҳои гуногуни таҳсилот, новобаста аз муносибат ба дин, таъмин карда мешавад ва давлат:
- бо мақсади пешгирӣ намудани таълими ғайриқонунӣ, тарғиб ва паҳн кардани андешаҳои ифротӣ, барангехтани кинаю адовати динӣ ва хусумати мазҳабӣ низоми таҳсилоти диниро таҳти назорат мегирад; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1497)
- дар низоми таҳсилоти давлатӣ вазифаи таълим ва тарбияи кўдаконро аз рўи интихоби динӣ ё атеистии падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда ба ўҳда намегирад;
- таълими фанҳои диншиносиро, ки хусусияти иттилоотӣ–маърифатӣ дошта, бо анҷом додани ибодат ва расму оинҳои динӣ сурат намегирад, ба барномаҳои таълимии муассисаҳои таълимии давлатӣ дохил карда метавонад.
Моддаи 8. Таҳсилоти динӣ
1. Ҳар кас ба таври ихтиёрӣ ба гирифтани таҳсилоти динӣ дар алоҳидагӣ ва ё ҳамроҳи дигарон ҳуқуқ дорад.
2. Ташкилотҳои динӣ аз рўи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур тибқи оинномаи худ ба таъсис додани муассисаҳои таълимии динӣ ҳуқуқ доранд.
3. Масҷидҳои ҷомеъи марказӣ ва масҷидҳои ҷомеъ тибқи оинномаи (низомномаи) худ бо роҳи таъсис додани гурўҳҳои таълимӣ ба омўзонидани асосҳои дин машғул шуда метавонанд.
4. Таълими динӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур баъди гирифтани иҷозатномаи давлатӣ мумкин аст.
5. Таълими динии кўдакон аз синни 7 то 18-солагӣ бо ризояти хаттии падару модар ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда дар вақтҳои берун аз дарс ва берун аз барномаи таълимии таҳсилоти давлатӣ иҷозат дода мешавад.
6. Гирифтани таълими дини дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар мактабҳои олии динии хориҷи танҳо баъд аз гирифтани таҳсилоти динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо розигии хаттии мақомоти ваколатдори давлатй оид ба дин ва оид ба соҳаи маориф иҷозат дода мешавад.
7. Тартиби гирифтани таълими динии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 28.06.11с., №739)
БОБИ 3.
ИТТИҲОДИЯҲОИ ДИНӢ
Моддаи 9. Таъсиси иттиҳодияҳои динӣ
1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияҳои динӣ ба таври ихтиёрӣ ва ошкоро таъсис дода мешаванд.
2. Муассисони иттиҳодияҳои динӣ на камтар аз 10 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда метавонанд, ки дорои эътиқоди динии умумӣ мебошанд ва ба синни 18-солагӣ расидаанд.
Маркази динии ҷумҳуриявӣ ҳамчун шакли махсуси иттиҳодияи динӣ барои ҳалли масъалаҳои умумидиёнатӣ аз ҷониби зиёда аз нисфи ташкилотҳои динии дорои эътиқоди умумӣ таъсис дода мешавад.
3. Шахсони мансабдори давлатӣ ва хизматчиёни давлатӣ, роҳбарон ва аъзои ҳизбҳои сиёсӣ муассис ва корманди иттиҳодияи динӣ шуда наметавонанд.
4. Таъсис додани иттиҳодияҳои динӣ дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти дигари давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, муассисаҳои таълимӣ ва қисмҳои ҳарбӣ манъ мебошад. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1497)
Моддаи 10. Шаклҳои иттиҳодияҳои динӣ ва вазъи ҳуқуқии онҳо
1. Иттиҳодияҳои динӣ дар шаклҳои ҷамоаи динӣ ва ташкилоти динӣ фаъолият менамоянд.
2. Ҷамоаи динӣ - иттиҳоди ихтиёрӣ ва мустақили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо мақсади якҷоя анҷом додани ибодат ва қонеъ гардонидани дигар эҳтиёҷоти динӣ ташкил карда мешавад. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1497)
3. Шаклҳои ҷамоаи динӣ – масҷиди ҷомеъ, масҷиди панҷвақта, ҷамоатхона, ибодатгоҳ, зиёратгоҳ ва дигар шаклҳое, ки ба қонунгузорӣ мухолиф нестанд.
4. Ҷамоаи динӣ дар асоси низомномаи худ, ки аз қайди баҳисобгирии мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин гузаронида мешавад, бе ташкили шахси ҳуқуқӣ фаъолият менамояд.
5. Хусусият ва ҳудуди фаъолияти ҷамоаи динӣ дар низомномаи он муайян карда мешаванд.
6. Биноҳо ва дигар молу мулки барои фаъолияти ҷамоаи динӣ ва ташкилотҳои динӣ зарур аз ҷониби иттиҳодияҳои динӣ ва ё дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати истифодаи якҷоя пешниҳод карда мешаванд. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1497)
7. Ташкилоти динӣ - иттиҳоди ихтиёрӣ ва мустақили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади якҷоя анҷом додани ибодат, таълими динӣ ва паҳн кардани эътиқоди динӣ ташкил карда шудааст.
8. Шаклҳои ташкилоти динӣ – маркази динии ҷумҳуриявӣ, масҷиди ҷомеи марказӣ, ҷамоатхонаи марказӣ, муассисаи таълими динӣ, калисо, куништ ва дигар шаклҳое, ки бо қонунгузорӣ мухолиф нестанд.
9. Ташкилоти динӣ шахси ҳуқуқӣ буда, дар асоси оинномаи худ, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ба қайд гирифта шудааст, амал мекунад.
10. Ташкилотҳои динӣ вобаста ба ҳудуди фаъолияти худ ба ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ тақсим мешаванд.
11. Номи ташкилоти динӣ бояд маълумотро дар бораи эътиқоди динии он дар бар гирад.
12. Иттиҳодияҳои динӣ бояд ҳар сол то 31 декабр дар бораи идома додани фаъолияти оинномавии (низомномавии) худ бо зикри маълумот барои ворид кардан ба феҳристи давлатии иттиҳодияҳои динӣ ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин иттилоъ диҳанд. Пешниҳод накардани маълумоти мазкур метавонад асоси боздоштани фаъолияти иттиҳодияи динӣ гардад. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1497)
Моддаи 11. Масҷид
1. Масҷид иттиҳоди ихтиёрии мусулмонон бо мақсади анҷом додани намоз ва қонеъ гардонидани дигар эҳтиёҷоти динӣ, инчунин намозгоҳи ҷамъиятии исломӣ бо таъиноти умумидиёнатӣ мебошад.
2. Масҷидҳои ҷомеъи марказӣ ҳамчун шакли махсуси иттиҳодияи динӣ барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти парастишӣ ва дигар эҳтиёҷоти диёнатии диндорон аз ҷониби масҷидҳои ҷомеъ дар ҳар шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ яктогӣ таъсис дода мешаванд.
3. Масҷидҳои ҷомеъ дар маҳалҳое таъсис дода мешаванд, ки аз 10 ҳазор то 20 ҳазор нафар аҳолӣ доранд.
Дар шаҳри Душанбе масҷидҳои ҷомеъ дар маҳалҳое таъсис дода мешаванд, ки аз 30 ҳазор то 50 ҳазор нафар аҳолӣ доранд.
4. Масҷидҳои панҷвақта дар маҳалҳое таъсис дода мешаванд, ки аз 100 то 1000 нафар аҳолӣ доранд.
Дар шаҳри Душанбе масҷидҳои панҷвақта дар маҳалҳое таъсис дода мешаванд, ки аз 1000 то 5000 нафар аҳолӣ доранд.
5. Масҷидҳо дар биноҳое, ки аз ҷониби иттиҳодияҳои динии дахлдор, шаҳрвандон ва ё бо кумаки аҳолӣ бо риояи қоидаҳои меъморию шаҳрсозӣ тибқи лоиҳаҳои намунавии дахлдор дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин сохта шудаанд, дар асоси оинномаи (низомномаи) худ фаъолият менамоянд. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1497)
6. Сархатибон, имомхатибон ва имомони масҷидҳо дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин интихоб карда мешаванд. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1497)
7. Қитъаи замин барои сохтмони бинои масҷид бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, пас аз мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин, ҷудо карда мешавад. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1497)
Моддаи 12. Муассисаҳои таълими динӣ
1. Муассисаҳои таълими динӣ шакли махсуси иттиҳодияҳои динӣ буда, дар асоси оинномаи худ, ки аз ҷониби ташкилоти динии дахлдор тасдиқ гардидааст ва аз қайди давлатӣ гузаронида шудааст, ба таълими динӣ машғул шуда метавонанд.
2. Шароит ва низоми таълим дар муассисаҳои таълими динӣ бо мақомоти ваколатдори давлатӣ мувофиқа карда мешаванд.
3. Фаъолияти таълимии муассисаҳои таълими динӣ дар асоси иҷозатнома ба роҳ монда мешавад.
4. Иҷозатномадиҳии фаъолияти таълимии муассисаҳои таълими динӣ мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» сурат мегирад.
5. Шаҳрвандоне, ки дар бахшҳои рўзонаи муассисаҳои таълими динӣ таҳсил мекунанд, аз ҳуқуқу имтиёзҳои барои донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида бархўрдор мебошанд.
6. Барнома ва нақшаҳои таълимии муассисаҳои таълими динӣ бояд ба сатҳи ҳамин гуна муассисаи таҳсилоти давлатӣ мувофиқат дошта, ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маориф мухолиф набошанд.
БОБИ 4.
БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ИТТИҲОДИЯҲОИ ДИНӢ
Моддаи 13. Бақайдгирии иттиҳодияҳои динӣ
1. Ташкилотҳои динӣ бо ташкили шахси ҳуқуқӣ ба қайди давлатӣ гирифта шуда, ҷамоаҳои динӣ бе ташкили шахси ҳуқуқӣ аз қайди баҳисобгирӣ мегузаранд.
2. Бақайдгирии давлатии ташкилотҳои динӣ ва қайди баҳисобгирии ҷамоаҳои диниро мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур анҷом медиҳад. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1497)
(қисми 3 хориҷ карда шуд бо ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1497)
3. Бақайдгирии давлатӣ, азнавбақайдгирӣ ва рад кардани бақайдгирии ташкилотҳои динӣ, инчунин қайди баҳисобгирӣ, азнавбаҳисобгирӣ ва рад кардани қайди баҳисобгирии ҷамоаҳои динӣ бо тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, вале дар мўҳлати на бештар аз як моҳ аз рўзи пешниҳоди номгўи пурраи ҳуҷҷатҳои таъсисии дар ҳамин модда зикршуда ва дар ҳолати зарурати гузаронидани корҳои иловагии санҷишӣ ва ташхисӣ дар мўҳлати то се моҳ анҷом дода мешавад. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1497)
4. Барои бақайдгирии давлатии ташкилоти динӣ ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд: (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1497)
- ариза дар бораи бақайдгирии давлатӣ;
- оинномаи ташкилоти динӣ;
- протоколи маҷлиси муассисон;
- рўйхати ҳайати муассисон ва комиссияи тафтишотии ташкилоти динӣ бо нишон додани маълумот дар бораи мансубияти шаҳрвандӣ, ҷои истиқомат ва санаи таваллуд;
- маълумотнома аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар бораи мавҷуд будани пайравони ташкилоти динӣ дар ҳудуди фаъолияти он дар давоми на камтар аз 5 соли охир;
- маълумот дар бораи асосҳои таълимоти динӣ ва амалияи мувофиқи он, аз ҷумла дар бораи таърихи пайдоиши дин ва ташкилоти динӣ, дар бораи шакл ва тарзҳои фаъолияти он, дар бораи муносибати он ба таҳсилот, оила ва никоҳ, хусусиятҳои муносибат ба саломатии пайравони худ;
- ҳуҷҷати пардохти боҷи давлатӣ;
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи ҳуқуқии) ташкилоти динии таъсисшаванда.
5. Барои қайди баҳисобгирии ҷамоаҳои динӣ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд: (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1497)
- ариза дар бораи қайди баҳисобгирӣ;
- низомномаи ҷамоаи динӣ;
- протоколи маҷлиси муассисон;
- рўйхати ҳайати муассисони ҷамоаи динӣ бо нишон додани маълумот дар бораи мансубияти шаҳрвандӣ, ҷои истиқомат, санаи таваллуд;
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи ҳуқуқии) ҷамоаи динӣ.
6. Тағйиру иловаҳо ба оинномаи (низомномаи) иттиҳодияҳои динӣ тибқи тартиб ва дар мўҳлати муқаррарнамудаи ҳамин модда ба қайди давлатӣ гирифта мешаванд ва аз вақти чунин бақайдгирӣ эътибори ҳуқуқӣ пайдо мекунанд. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1497)
7. Барои бақайдгирии ташкилоти динӣ, инчунин барои ворид намудани тағйирот ва иловаҳо ба оинномаи он мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» боҷи давлатӣ ситонида мешавад. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1497)
8. Ташкилоти динӣ аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ ва гирифтани шаҳодатнома мақоми шахси ҳуқуқиро пайдо мекунад. Ҷамоаи динӣ баъди қайди баҳисобгирӣ ва гирифтани маълумотнома фаъолияти худро бе ташкили шахси ҳуқуқӣ тибқи низомнома ба роҳ мемонад. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1497)
9. Дар сурати гум кардани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии ташкилоти динӣ ё маълумотнома оид ба қайдгирии ҷамоаи динӣ, дар асоси аризаи якҷояи муассисони иттиҳодияи динӣ нусхаи (дубликати) он аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин дар давоми 10 рӯзи корӣ ба муассисон дода мешавад. Ба ариза эълони аз эътибор соқит донистани шаҳодатномаи гумшуда оид ба қайди баҳисобгирии давлатии ташкилоти динӣ, ки дар яке аз воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ нашр гардидааст, замима карда мешавад. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1497)
10. Иттиҳодияҳои динӣ танҳо дар шакли муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ба қайди давлатӣ ва қайди баҳисобгирӣ гирифта мешаванд. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1497)
Моддаи 14. Рад кардани бақайдгирии иттиҳодияҳои динӣ
1. Бақайдгирии давлатӣ ё қайди баҳисобгирии иттиҳодияи динӣ дар асосҳои зерин рад карда мешавад:
- агар оинномаи (низомномаи) иттиҳодияи динӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат кунад ва ё мазмунан хусусиятҳои эътиқоди динии иттиҳодияи диниро пурра дарҷ нанамояд; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1497)
- агар ҳуҷҷатҳои таъсисӣ пурра пешниҳод нашуда бошанд;
- агар дар ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда маълумоти нодуруст мавҷуд бошад;
- агар номи иттиҳодияи динӣ ахлоқ, ҳиссиёти миллӣ ва динии шаҳрвандонро таҳқир намояд;
- дигар ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.
2. Дар бораи рад кардани бақайдгирии иттиҳодияҳои динӣ ба суд шикоят кардан мумкин аст.
Моддаи 15. Оинномаи (низомномаи) иттиҳодияҳои динӣ
1. Ташкилотҳои динӣ дар асоси оиннома ва ҷамоаҳои динӣ дар асоси низомномаи аз ҷониби муассисони онҳо тасдиқшуда фаъолият мекунанд.
2. Оинномаи (низомномаи) иттиҳодияҳои динӣ бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:
- ном, маҳалли ҷойгиршавӣ ва шакли иттиҳодияи динӣ, эътиқоди динӣ ва дар ҳолати мансубият ба ташкилоти динии дахлдор – номи он;
- мақсад ва вазифаҳо, ҳуқуқ ва ўҳдадориҳо, ҳудуд ва шаклҳои асосии фаъолият;
- тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва қатъ гардидани фаъолият;
- сохтори иттиҳодияи динӣ, мақомоти роҳбарикунанда ва назоративу тафтишотӣ, тартиби ташкил додан ва ваколати онҳо;
- тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба оиннома (низомнома);
- сарчашмаҳои ташаккули маблағ ва дигар молу мулк;
- тартиби ихтиёрдорӣ кардани молу мулк дар ҳолати қатъ гардидани фаъолият;
- тасвири рамзии ташкилоти динӣ дар сурати вуҷуд доштани он.
3. Дар оиннома (низомнома) дигар муқаррароти марбут ба хусусиятҳои фаъолияти иттиҳодияи динӣ, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд, пешбинӣ шуда метавонанд.
Моддаи 16. Феҳристи давлатии иттиҳодияҳои динӣ
1. Феҳристи давлатии иттиҳодияҳои динӣ маҷмўи маълумот дар бораи иттиҳодияҳои динӣ мебошад. Шакли феҳрист ва тартиби пешбурди онро мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин тасдиқ менамояд. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1497)
2. Ба феҳристи давлатии иттиҳодияҳои динӣ ворид карда мешаванд:
- номи иттиҳодияи динӣ;
- эътиқоди динӣ;
- суроғаи ҳуқуқӣ, маҳалли ҷойгиршавӣ;
- шакли иттиҳодияи динӣ;
- маълумот дар бораи намуди фаъолияти иҷозатдодашуда;
- рақам ва санаи шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии ташкилоти динӣ;
- рақам ва санаи маълумотнома дар бораи қайди баҳисобгирии ҷамоаи динӣ;
- маълумот дар бораи азнавбақайдгирии иттиҳодияи динӣ;
- маълумот дар бораи фаъолияти ҳарсолаи иттиҳодияи динӣ;
- маълумот дар бораи ҷараёни азнавташкилдиҳӣ ё барҳамдиҳии иттиҳодияи динӣ.
Моддаи 17. Ташхиси давлатии диншиносӣ
1. Ташхиси давлатии диншиносӣ аз ҷониби мақомоти давлатии ваколатдор бо мақсади муайян намудани хусусиятҳои эътиқоди динии иттиҳодияҳои динӣ, дурустии маълумот оид ба таълимоти динӣ ва амалияи парастишии онҳо, инчунин таҳлили мўҳтавои адабиёт ва маводи таъиноти динӣ гузаронида мешавад.
2. Ташхиси давлатии диншиносӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
3. Тартиби гузаронидани ташхиси давлатии диншиносиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
БОБИ 5.
ҲУҚУҚ ВА ЎҲДАДОРИҲОИ ИТТИҲОДИЯҲОИ ДИНӢ
Моддаи 18. Ҳуқуқҳои иттиҳодияҳои динӣ
1. Иттиҳодияҳои динӣ мутобиқи меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои дохилии онҳо, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд, фаъолият менамоянд.
2. Барои амалӣ намудани мақсадҳои худ иттиҳодияҳои динӣ ҳуқуқ доранд:
- дар бораи фаъолияти худ озодона маълумот паҳн намоянд;
- ҳуқуқҳои худро дар суд ва дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ намояндагӣ ва ҳимоя намоянд;
- оид ба масъалаҳои марбут ба манфиатҳои динии шаҳрвандон ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ таклифҳо пешниҳод намоянд;
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти хоҷагидорӣ ва истеҳсолӣ машғул шаванд;
- дигар ҳуқуқҳои дар Қонуни мазкур ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо амалӣ намоянд.
Моддаи 19. Ўҳдадориҳои иттиҳодияҳои динӣ
Иттиҳодияҳои динӣ ўҳдадоранд:
- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф намудааст ва ба соҳаи фаъолияти онҳо дахл доранд, инчунин муқаррароти оиннома (низомнома) ва дигар ҳуҷҷатҳои дохилии фаъолияти худро риоя намоянд; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1497)
- бо дархости мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин маълумот дар бораи сарчашмаҳои даромад, номгӯи молу мулк, хароҷоти маблағҳо ва молу мулки дигар, ҳайати кормандон ва пардохти музди меҳнати онҳо, маблағи андозҳои супоридашуда ва иттилооти дигаризарурӣ пешниҳод намоянд; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1497)
- бо дархости мақоми ваколатдори давлатии дахлдор маълумот пешниҳод кунанд;
- ба ҳузур доштани намояндагони мақомоти ваколатдори давлатӣ дар чорабиниҳои иттиҳодияҳои динӣ монеъ нагарданд;
- ба намояндагони мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин дар шиносшавӣ бо фаъолияти динӣ вобаста ба амалӣ намудани мақсадҳои оинномавӣ ва риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат кунанд. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1497)
Моддаи 20. Расму оин ва маросимҳои динӣ
1. Расму оин ва маросимҳои динӣ дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд.
2. Иттиҳодияҳои динӣ бино ва иншооти парастишӣ, инчунин ҷову объектҳои махсусро барои анҷом додани ибодат ва қонеъ гардонидани дигар эҳтиёҷоти динӣ сохта ва нигаҳдорӣ карда метавонанд.
3. Ибодат, расму оин ва маросимҳои динӣ дар ибодатгоҳҳо ва замини ба онҳо мутааллиқ, дар зиёратгоҳҳо, дар қабристонҳо - вобаста аз хусусиятҳои эътиқоди динӣ, инчунин дар манзилҳо ва хонаҳои шаҳрвандон анҷом дода мешаванд.
4. Иттиҳодияҳои динӣ барои анҷом додани ибодат, расму оин ва маросимҳои динӣ ба шаҳрвандоне, ки дар беморхонаҳо, осоишгоҳҳо, хонаҳои пиронсолон ва маъюбон, ҷойҳои ҳабси пешакӣ ва маҳрумӣ аз озодӣ мебошанд, тибқи тартиботи дар онҳо муқарраршуда бо пешниҳод муроҷиат карда метавонанд.
5. Дар дигар ҳолатҳо ибодати оммавӣ, адои расму оин ва маросимҳои динӣ тибқи тартиби гузаронидани маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳои осоишта, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, анҷом дода мешаванд.
Моддаи 21. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба адои ҳаҷ ва умра
1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи адои ҳаҷ ва умраро доранд.
2. Тартиби сафари шаҳрвандон барои адои ҳаҷ ва умраро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 22. Адабиёти динӣ ва ашёи таъиноти динӣ
1. Шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои динӣ ҳуқуқ доранд, ки адабиёти динӣ ва дигар ашёву маводи таъиноти динӣ дастрас намоянд ва истифода баранд.
2. Ташкилотҳои динӣ ҳуқуқ доранд, ки ба миқдори мувофиқ адабиёти динӣ, ашёи таъиноти динӣ ва дигар маводҳои иттилоотии дорои мазмуни диниро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол, содир, ворид ва паҳн намоянд.
3. Истеҳсол, содир, ворид, фурўш ва паҳн намудани адабиёти динӣ, инчунин дигар ашё ва маводи дорои таъиноти динӣ танҳо баъди гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ анҷом дода мешавад.
4. Танҳо ташкилотҳои динӣ ҳуқуқ доранд, ки корхонаҳои табъ ва нашри адабиёти динӣ, истеҳсоли ашёву маводи таъиноти динӣ таъсис диҳанд.
5. Адабиёти динӣ ва маводи таъиноти диние, ки ташкилоти динӣ ба табъ мерасонад ва истеҳсол мекунад, бояд тамғаи махсус бо номи пурраи ташкилоти динии мазкурро дошта бошанд.
Моддаи 23. Фаъолияти хайриявӣ ва фарҳангиву маърифатии иттиҳодияҳои динӣ
1. Иттиҳодияҳои динӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти хайриявӣ машғул шуда метавонанд.
2. Ташкилотҳои динӣ бо мақсади татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои оинномавии худ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои фарҳангиву маърифатӣ ва воситаҳои ахбори омма таъсис дода метавонанд.
3. Фаъолияти таблиғотӣ ва маърифатии иттиҳодияҳои динӣ дар муассисаҳои давлатии томактабиву мактабӣ, инчунин дар манзилу хонаҳои шаҳрвандон манъ аст.
4. Давлат ба фаъолияти хайриявии иттиҳодияҳои динӣ ва татбиқи барномаву чорабиниҳои барои аҳли ҷомеа муҳими фарҳангиву маърифатии онҳо мусоидат менамояд.
Моддаи 24. Робитаҳои байналмилалии ташкилотҳои динӣ
Ташкилотҳои динӣ дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин бо ташкилотҳои мушобеҳи хориҷӣ ҳамкории байналмилалии динӣ дошта метавонанд.
БОБИ 6.
МОЛИКИЯТИ ИТТИҲОДИЯҲОИ ДИНӢ ВА ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ ДАР ОНҲО
Моддаи 25. Моликияти иттиҳодияҳои динӣ
Иттиҳодияҳои динӣ тибқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои моликият буда, аз ҳуқуқи соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ кардани молу мулк ва дигар ашёе, ки барои фаъолияти онҳо зарур аст, бархўрдор мебошанд.
Моддаи 26. Истифодаи молу мулке, ки моликияти давлат, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон мебошад
1. Иттиҳодияҳои динӣ барои эҳтиёҷоти худ биноҳо ва моликиятеро истифода бурда метавонанд, ки дар асоси қарордод мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон ба онҳо додаанд.
2. Мақомоти маҳаллӣ ва марказии ҳокимияти давлатӣ ибодатгоҳҳо ва дигар молу мулкеро, ки моликияти давлат мебошанд, барои истифодаи ройгон аз рўи таъинот ба иттиҳодияҳои динӣ супорида метавонанд.
3. Ба иттиҳодияҳои динӣ барои истифода мувофиқи таъиноташон супоридани иншоот ва ашёе, ки ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ мебошанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
4. Иттиҳодияҳои динӣ аз рўи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон заминро барои эҳтиёҷоти худ истифода бурда метавонанд.
Моддаи 27. Фаъолияти истеҳсолӣ ва хоҷагидории ташкилотҳои динӣ
1. Ташкилотҳои динӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти истеҳсолӣ ва хоҷагидорӣ машғул шуда метавонанд.
2. Даромад аз фаъолияти истеҳсолӣ ва дигар даромадҳои ташкилотҳои динӣ тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандӣ мегарданд.
Моддаи 28. Ихтиёрдории молу мулки иттиҳодияҳои диние, ки фаъолияти худро қатъ кардаанд
1. Ҳангоми қатъ гаштани фаъолияти иттиҳодияи динӣ ихтиёрдории молу мулке, ки моликияти он мебошад, тибқи қонунгузорӣ ва оинномаи (низомномаи) он анҷом дода мешавад.
2. Аз молу мулки марбут ба ибодат, ки ба иттиҳодияҳои динӣ тааллуқ дорад, аз рўи даъвои қарздиҳандагон ситонидан анҷом дода намешавад.
3. Дар ҳолати набудани ворисони қонунӣ молу мулки иттиҳодияҳои динӣ ба ихтиёрдории давлат мегузарад.
Моддаи 29. Фаъолияти меҳнатӣ ва ҳуқуқҳои меҳнатии шаҳрвандон дар иттиҳодияҳои динӣ
1. Иттиҳодияҳои динӣ шаҳрвандонро ба кор қабул карда метавонанд. Дар қарордоди меҳнатие, ки байни иттиҳодияи динӣ ва корманд ба таври хаттӣ баста мешавад, шароити меҳнат, ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои мутақобила зикр мегарданд.
2. Нисбат ба шаҳрвандоне, ки дар иттиҳодияҳои динӣ кор мекунанд, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистои оид ба меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ, андоз ва суғурта татбиқ мегардад.
БОБИ 7.
НАЗОРАТИ ФАЪОЛИЯТИ ИТТИҲОДИЯҲОИ ДИНӢ
Моддаи 30. Назорат ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ
1. Назорати умумии иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ аз ҷониби мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
2. Назорати бевоситаи риояи қонунгузорӣ ва муқаррароти оинномаи (низомномаи) иттиҳодияҳои диниро дар мавриди ҳадафҳо ва тартиби фаъолияти онҳо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин анҷом медиҳад.
3. Мақомоти андоз ба сарчашмаҳои даромади иттиҳодияҳои динӣ, андози маблағҳои бадастовардаи онҳо ва пардохти андозҳо мувофиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунад.
4. Назорат ва тафтиши аз тарафи иттиҳодияҳои динӣ риоя ва иҷро шудани меъёрҳо ва стандартҳои мавҷудаи экологӣ, сўхторнишонӣ, санитарию эпидемиологӣ ва дигарҳоро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ амалӣ менамоянд.
Моддаи 31. Боздоштани фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ
1. Ҳангоми ошкор шудани ҳолатҳои аз тарафи иттиҳодияҳои динӣ вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё аз ҷониби онҳо содир шудани амалҳое, ки ба мақсадҳои оинномавиашон (низомномавиашон) мухолифат мекунанд, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин ба иттиҳодияи динӣ огоҳинома мефиристад ва мўҳлати бартараф намудани онҳоро муқаррар менамояд.
2. Дар сурати аз тарафи иттиҳодияҳои динӣ риоя нагардидани меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё аз ҷониби онҳо содир шудани амалҳои мухолифи мақсадҳои оинномавиашон (низомномавиашон) Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё прокурорҳои тобеи он ба иттиҳодияи динӣ дар бораи бетаъхир бартараф намудани ҳуқуқвайронкунӣ амри хаттӣ ва ба мақомоти бақайдгирандаи онҳо огоҳинома фиристода, мўҳлати бартараф намудани онҳоро муқаррар менамояд.
3. Агар дар мўҳлати муайяншуда ҳуқуқвайронкуниҳое, ки асоси қабули амри хаттӣ ё огоҳинома гаштаанд, бартараф карда нашаванд, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин ҳуқуқ дорад фаъолияти иттиҳодияи диниро то се моҳ боздорад.
4. Агар дар давоми мўҳлати муқарраршудаи боздошти фаъолияти иттиҳодияи динӣ ҳуқуқвайронкуниҳое, ки асоси боздошти фаъолияти он гардидаанд, бартараф карда шаванд, бо қарори мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин иттиҳодияи динӣ фаъолияти худро давом медиҳад.
5. Тартиби боздошти фаъолияти иттиҳодияи диниро дар сурати ҷорӣ гардидани вазъияти фавқулодда қонун муайян менамояд.
6. Дар сурати боздоштани фаъолияти иттиҳодияи динӣ ҳуқуқи он ҳамчун муассиси воситаҳои ахбори омма боздошта мешавад; вай ҳуқуқ надорад маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, роҳпаймоиҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ ташкил намояд ва гузаронад, амонатҳои бонкиро истифода барад, ба истиснои ҳисобу китобҳо оид ба фаъолияти хоҷагӣ ва шартномаҳои меҳнатӣ, ҷуброни зараре, ки бо амали ў расонида шудааст, пардохти андозҳо, боҷҳо ва ҷаримаҳо.
Моддаи 32. Барҳам додани иттиҳодияи динӣ ва манъ кардани фаъолияти он
1. Иттиҳодияи динӣ тибқи оинномаи (низомномаи) худ ва ё бо қарори суд барҳам дода мешавад.
2. Иттиҳодияи динӣ бо асосҳои зерин барҳам дода ва фаъолияти он манъ карда мешавад:
- риоя накардани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя накардан, инчунин аз тарафи иттиҳодияи динӣ анҷом додани фаъолияте, ки ба мақсадҳои оинномавии (низомномавии) он мухолиф аст; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1497)
- аз ҷониби иттиҳодияи динӣ бартараф накардани кирдорҳое, ки дар амри хаттии прокурор ё қарори мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин нишон дода шудаанд.
3. Прокурор ё мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин ҳуқуқ доранд, ки барои барҳам додани ташкилоти динӣ ва ё манъ кардани фаъолияти ҷамоаҳои динӣ ба суд муроҷиат намоянд.
4. Агар суд аризаро дар бораи барҳам додани иттиҳодияи динӣ ё манъ кардани фаъолияти он қонеъ нагардонад, иттиҳодияи динӣ баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд фаъолияташро давом медиҳад.
5. Барҳам додани иттиҳодияи динӣ бо ҳалномаи суд чунин маъно дорад, ки фаъолияти иттиҳодияи динӣ, сарфи назар аз он ки ба қайд гирифта шудааст, манъ карда мешавад. Иттиҳодияи динии барҳамдодашуда бо номи дигар сабт шуда наметавонад.
6. Ҳангоми аз ҷониби муассисон барҳам додани иттиҳодияи динӣ таъиноти минбаъдаи молу мулки он дар протоколи маҷлиси муассисон нишон дода мешавад. Дар сурати бо ҳалномаи суд барҳам додани иттиҳодияи динӣ масъалаи молу мулки он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешавад. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1497)
БОБИ 8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 33. Бақайдгирии давлатии ташкилотҳои диние, ки то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур таъсис ёфтаанд
1. Муқаррароти Қонуни мазкур дар бораи бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои динӣ, ба истиснои меъёрҳои муқарраркардаи қисмҳои 3 ва 4 моддаи 11 Қонуни мазкур дар бораи бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои динӣ, нисбати ташкилотҳои диние низ татбиқ мегардад, ки то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур таъсис дода шудаанд.
2. Оиннома (низомнома) ва дигар ҳуҷҷатҳои таъсисии ташкилотҳои диние, ки то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур таъсис гардидаанд, бояд ба талаботи Қонуни мазкур мутобиқ карда шаванд. То ба талаботи Қонуни мазкур мутобиқ гардонидани оиннома (низомнома) ва дигар ҳуҷҷатҳои таъсисӣ танҳо ҳамон қисмати онҳо амал мекунад, ки ба Қонуни мазкур мухолифат надошта бошад.
3. Ташкилотҳои диние, ки то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур таъсис дода шудаанд, на дертар аз 1 январи соли 2010 бо озод кардан аз пардохти боҷи давлатӣ аз нав ба қайд гирифта мешаванд.
4. Ташкилотҳои диние, ки дар мўҳлати муқарраркардаи ҳамин модда ба таври расмӣ аз нав ба қайд гирифта нашудаанд, мақоми шахси ҳуқуқиро гум мекунанд ва бо қарори мақомоти бақайдгиранда шаҳодатнома дар бораи сабти номи онҳо беэътибор дониста мешавад.
Моддаи 34. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талоботи Қонуни мазкур
(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1497)
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1497)
Моддаи 35. Аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дин ва ташкилотҳои динӣ»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 1990 «Дар бораи дин ва ташкилотҳои динӣ» (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, с. 1990, № 24, мод. 418; Ахбори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1991, № 22, мод. 297; с. 1992, № 12, мод. 203; с. 1994, № 23-24, мод. 452; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, № 9, мод. 117, № 23-24, мод. 333; с.1999, № 9, мод. 232; с. 2001, № 4, мод. 155) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 36. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмии он мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе,
26 марти соли 2009,
№ 489
Пинҳон кардан