ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2009
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2008, №11, мод. 928; соли 2009, № 5, мод. 315;
№6, мод. 433; №7-8, мод. 490; №9-10, мод. 552)
Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми ноябри соли 2008, № 1168 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2008, № 11, моддаи 930) қабул гардидааст.
Моддаи 1. Ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи 5549091 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад, аз ҷумла:
- даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби воридоти андозию ғайриандозӣ ва грантҳо - 4203471 ҳазор сомонӣ;
аз онҳо:
воридоти андозӣ - 3718949 ҳазор сомонӣ;
воридоти ғайриандозӣ - 198822 ҳазор сомонӣ;
грантҳо барои дастгирии буҷет - 285700 ҳазор сомонӣ;
- буҷети лоиҳаҳои инвеститсионӣ, ки якҷоя бо
ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ татбиқ мегарданд - 784071 ҳазор сомонӣ;
аз онҳо:
қарзҳо - 503233 ҳазор сомонӣ;
грантҳо - 280838 ҳазор сомонӣ;
- қарзҳои давлатӣ барои амалӣ намудани лоиҳаҳои
инвеститсионӣ дар бахшҳои энергетика ва нақлиёт - 378629 ҳазор сомонӣ;
- буҷети маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ - 182920 ҳазор сомонӣ.
(ҚҶТ аз 5.05.09с, №507).
Моддаи 2. Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009 ба маблағи 5652091 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад, аз ҷумла барои маблағгузории:
- мақомоти ҳокимият ва
идоракунии давлатӣ - 407776 ҳазор сомонӣ;
- мудофиа (на барои нашр) - 235790 ҳазор сомонӣ;
- мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
ва тартиботи ҳуқуқӣ (на барои нашр) - 326117 ҳазор сомонӣ;
- маориф - 1110208 ҳазор сомонӣ;
- тандурустӣ - 386851 ҳазор сомонӣ;
- чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ
ва солимгардонӣ - 155115 ҳазор сомонӣ;
- ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ - 713315 ҳазор сомонӣ;
- хоҷагии манзилию коммуналӣ - 243392 ҳазор сомонӣ;
- комплекси сўзишворию энергетикӣ - 892758 ҳазор сомонӣ;
- соҳаи кишоварзӣ ва заминсозӣ - 336714 ҳазор сомонӣ;
- истихроҷ ва коркарди маъдан,
саноати истихроҷи маъдан ва сохтмон - 27522 ҳазор сомонӣ;
- нақлиёт ва коммуникатсия - 460052 ҳазор сомонӣ;
- пардохти фоизҳо
аз рўи қарзҳои давлатӣ - 106853 ҳазор сомонӣ;
- дигар соҳаҳои иқтисодиёт ва
хизматрасонӣ - 20995 ҳазор сомонӣ;
- хароҷоти дигар - 228633 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- баргардонидани андоз аз
арзиши иловашуда - 15000 ҳазор сомонӣ. (ҚҶТ аз 5.05.09, №507)
Моддаи 3. Андозаи ниҳоии касри Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009 ба андозаи 0,5 фоизи Маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ё ба маблағи 103000 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Манбаи пўшонидани касри буҷет ба таври зайл муайян карда шавад:
- даромад аз хусусигардонии моликияти давлатӣ - 15000 ҳазор сомонӣ;
- даромад аз фурўши векселҳои хазинадорӣ - 10000 ҳазор сомонӣ;
- аз ҳисоби депозитҳои буҷети ҷумҳуриявӣ дар
Бонки миллии Тоҷикистон ба 1 январи соли 2009 - 78000 ҳазор сомонӣ.
Маблағгузории пардохти қарзи асосии берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 0,5 фоизи Маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ё ба маблағи 104138 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби қарзҳои (грантҳои) барномавии Бонки рушди Осиё, Бонки Ҷаҳонӣ ва депозитҳои буҷети ҷумҳуриявӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон ба 1 январи соли 2009 муайян карда шавад.
Моддаи 4. Буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2009 аз рўи даромад ба маблағи 2597588 ҳазор сомонӣ ва аз рўи хароҷот ба маблағи 2699588 ҳазор сомонӣ ва касри он ба маблағи 102000 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Моддаи 5. Дар соли 2009 ҳаҷми буҷетҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз рўи даромад бо дарназардошти субвенсияе, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо карда мешавад, ба маблағи 1396226 ҳазор сомонӣ, хароҷот ба маблағи 1397226 ҳазор сомонӣ ва касри буҷет ба маблағи 1000 ҳазор сомонӣ муайян карда шавад.
Моддаи 6. Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа барои соли 2009 аз рўи даромад ба маблағи 675500 ҳазор сомонӣ ва хароҷот ба маблағи 685500 ҳазор сомонӣ бо барзиёдии хароҷот нисбат ба даромад ба маблағи 10000 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад. Касри буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ пўшонида шавад.
Моддаи 7. Дар соли 2009 ба буҷети ҷумҳуриявӣ даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии зерин ворид карда мешаванд:
- андоз аз фурўши нахи пахта ва алюминийи аввалия - 100 фоиз;
- андоз аз маҳсулоти коркарди молҳо - 100 фоиз;
- роялти барои об - 100 фоиз;
- боҷи гумрукӣ - 100 фоиз;
- андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз, ки ба воситаи мақомоти
гумрук ворид мешаванд - 100 фоиз;
- дигар пардохтҳои ҳатмии умумидавлатӣ ва даромадҳои ғайриандозӣ
(инчунин муҷозоти молиявии онҳо), пардохт барои дохил шудан ба
қаламрав ва истифодаи роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон - 100 фоиз;
- аз Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» андоз аз
арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои
автомобилгард, андоз аз фоида ва андози ҳадди ақал аз даромадҳо - 100 фоиз;
- аз корхонаҳои воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик»
ва «Роҳи оҳани Тоҷикистон», корхонаҳои тобеи Ҷамъияти саҳомии
кушодаи «Тоҷиктелеком»-и Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз фоида ва
андози ҳадди ақал аз даромадҳо - 100 фоиз;
- аз Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»
андоз аз фоида ва андози ҳадди ақал аз даромадҳо - 100 фоиз.
Моддаи 8. Дар соли 2009 ҳиссаҷудокунии маблағ аз андоз ва даромади умумидавлатӣ, ки аз андозсупорандагони дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта ворид мешаванд, ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ аз рўи таносубҳои (фоизҳои) зерин тасдиқ карда мешавад:
- андоз аз арзиши иловашуда:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз вилояти Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Рўдакӣ) – 100 фоиз;
аз вилояти Суғд – 70 фоиз ба буҷети вилоят ва 30 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз шаҳри Душанбе – 33 фоиз ба буҷети шаҳр ва 67 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз шаҳри Турсунзода – 30 фоиз ба буҷети шаҳр ва 70 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз ноҳияи Рўдакӣ – 74 фоиз ба буҷети ноҳия ва 26 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
- андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ ва андози ҳадди ақал аз даромадҳо:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз шаҳри Душанбе, шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Ҳисор) – 100 фоиз;
аз шаҳри Душанбе – 40 фоиз ба буҷети шаҳр ва 60 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз шаҳри Турсунзода – 50 фоиз ба буҷети шаҳр ва 50 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз ноҳияи Ҳисор – 50 фоиз ба буҷети ноҳия ва 50 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
- андози даромад аз шахсони воқеӣ:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз шаҳри Душанбе, шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Ҳисор) – 100 фоиз;
аз шаҳри Душанбе – 50 фоиз ба буҷети шаҳр ва 50 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз шаҳри Турсунзода - 60 фоиз ба буҷети шаҳр ва 40 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз ноҳияи Ҳисор – 49 фоиз ба буҷети ноҳия ва 51 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
- андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз вилояти Суғд ва шаҳри Турсунзода) – 100 фоиз;
аз вилояти Суғд – 79 фоиз ба буҷети вилоят ва 21 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз шаҳри Турсунзода – 40 фоиз ба буҷети шаҳр ва 60 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
- аксизҳо:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо – 100 фоиз;
- андози замин:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо – 100 фоиз;
- андозе, ки тибқи низоми соддакардашуда пардохта мешавад:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо – 100 фоиз;
- андоз аз истифодабарандагони қаъри замин:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо – 100 фоиз;
- боҷи давлатӣ:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо – 100 фоиз;
- андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо – 100 фоиз;
- андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ (андоз аз амволи ғайриманқул, андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт, андоз аз фурўши чакана, андоз аз даромади шахсони воқеӣ, ки дар асоси патент андозбандӣ мешаванд, пардохтҳо ва даромадҳои дигари ғайриандозӣ):
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо – 100 фоиз;
- воридоти андозӣ, ки ба буҷети ҷумҳуриявӣ аз шаҳри Душанбе аз нақшаи тасдиқгардида барзиёд дохил шудаанд, ба буҷети шаҳри Душанбе гузаронида мешаванд.
Моддаи 9. Дар соли 2009 воридоти молҳо ба маблағи 50 млн. сомонӣ, ки номгўй ва ҳаҷмашон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегарданд, барои ташаккул додан ва пурра кардани Фонди давлатии захираҳои моддии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкили захираҳои сафарбарии давлатӣ равона гардида, аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешавад, ҳамчунин воридоти гази табиӣ ва барқ аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.
Моддаи 10. Муқаррар карда шавад, ки дар соли 2009 воридоти гандум (ба истиснои воридоти гандум барои истеҳсоли молҳои зераксизӣ) ва таҳвили он бо андоз аз арзиши иловашуда бо меъёри 10 фоиз андозбандӣ карда мешавад.
Моддаи 11. Дар соли 2009 воридоти техника ва нақлиёти коммуналию мусофиркашонӣ, битуми тамғаи БНД 60/90, ки номгўй ва миқдори он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад ва аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳри Душанбе харида шуда, барои пурра намудани парки нақлиёти коммуналию мусофиркашонӣ ва таъмири асосии роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе равона мегардад, аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад.
Воридоти мазути камсулфур барои эҳтиёҷоти Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Маркази барқу гармидиҳӣ»-и шаҳри Душанбе ва Корхонаи шабакаҳои гармидиҳии ноҳияи Ёвон, ки миқдори он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад, аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад.
Қисмҳо ва ҷузъҳои алоҳида барои васлкунии тракторҳо ва мошинҳои кишоварзӣ таъингардида, ки барои Ҷамъияти муштараки саҳомии пўшидаи «ТоҷИрон» ворид мегарданд, ҳамчунин воридоти хўроки омехтаи парранда аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.
Муқаррароти банди 5) қисми 6 моддаи 226 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» татбиқ намешавад. (Қ ҶТ аз 18.06.09с, № 533).
Даромадҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик», ки аз татбиқи «Созишномаи оштӣ»-и аз 18 ноябри соли 2008 байни Корхонаи мазкур ва ширкатҳои «Ansol Limitӯd» ва «Hamӯr Invӯsting Ltd» басташуда ба вуҷуд меоянд, дар соли 2009 аз пардохти андоз аз фоида, андози ҳадди ақал аз даромадҳо ва андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард озод карда шаванд. (Қ ҶТ аз 18.06.09с, № 533).
Воридоти техникаи ҳарбӣ, яроқ, муҳимоти ҷангӣ ва воситаҳои махсус барои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмири чархболҳо аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд. (ҚҶТ аз 16.10.09с, №559)
Моддаи 12. Дар соли 2009 иҷрои кор ва хизматрасонии фармоишгарон ва пудратчиёни асосӣ оид ба сохтмони Қасри миллат дар шаҳри Душанбе, Китобхонаи миллӣ дар шаҳри Душанбе, меҳмонхонаи «Исмоили Сомонӣ» воқеъ дар хиёбони Рўдакӣ, меҳмонхонаи «Сирена Душанбе» дар хиёбони Рўдакӣ, Маркази фарҳангии Осиёи Миёна воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, бинои маъмурӣ бо меҳмонхона воқеъ дар кўчаи Айнӣ, меҳмонхонаи панҷситорадор воқеъ дар кўчаи Айнӣ ва корхонаи ресандагию бофандагӣ бо сехи рангубор дар шаҳри Душанбе, иншооти соҳаи маориф, ки минбаъд ройгон ба моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд, аз пардохти андозҳои зерин озод карда мешаванд: (Қ ҶТ аз 5.08.09с, № 534).
- андоз аз арзиши иловашуда;
- андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард;
- андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ;
- андози ҳадди ақал аз даромад;
- андози иҷтимоӣ аз шахсоне, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд.
Фармоишгарон ва пудратчиёни асосии объектҳои мазкур (ба истиснои иншооти соҳаи маориф, ки минбаъд ройгон ба моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд) бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
Воридоти молҳо аз ҷониби фармоишгарон ва пудратчиёни асосӣ барои сохтмони иншооти дар ҳамин модда зикршуда аз андоз аз арзиши иловашуда тибқи номгўй ва дар ҳаҷме, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегарданд, озод карда мешаванд.
Номгўй, сметаҳои хароҷот, мўҳлати оғоз ва анҷоми сохтмони иншооти соҳаи маориф, ки минбаъд ройгон ба моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд, бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда мешаванд.
Моддаи 13. Дар соли 2009 ба Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» иҷозат дода шавад, ки ба фонди инноватсионии худ дар ҳаҷми то 20 фоиз аз хароҷоти мустақими истеҳсолиро, ки ба арзиши аслии маҳсулот (кор, хизматрасонӣ) дохил карда мешавад, бо дарназардошти нигоҳ доштани ҳамаи пардохтҳои андозӣ ва ҳиссаҷудокунӣ ба Буҷети давлатӣ бе тағйирдиҳии нархномаҳои амалкунанда, ба истиснои нархномаҳое, ки дар барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ пешбинӣ шудаанд, гузаронад.
Моддаи 14. Дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2009 даромад аз ҳамаи субъектҳои хоҷагидории дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта ба маблағи умумии 2597588 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад, аз ҷумла:
- андоз аз арзиши иловашуда - 1492413 ҳазор сомонӣ;
- аксизҳо - 141843 ҳазор сомонӣ;
- андоз аз фурўш (нахи пахта ва
алюминийи аввалия) - 50087 ҳазор сомонӣ;
- андоз аз маҳсулоти коркарди молҳо - 16532 ҳазор сомонӣ;
- роялти барои об - 25000 ҳазор сомонӣ;
- андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ - 49081 ҳазор сомонӣ;
- андози ҳадди ақал аз даромадҳо - 49914 ҳазор сомонӣ;
- андози даромад аз шахсони воқеӣ - 82915 ҳазор сомонӣ;
- боҷҳои гумрукӣ - 217099 ҳазор сомонӣ;
- андоз аз истифодабарандагони
роҳҳои автомобилгард - 34913 ҳазор сомонӣ;
- даромадҳои дигари ғайриандозӣ - 152091 ҳазор сомонӣ;
- грантҳои ташкилотҳои
байналмилалӣ - 285700 ҳазор сомонӣ. (ҚҶТ аз 5.05.09, №507)
Моддаи 15. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2009 аз рўи тартиби тақсимоти вазифавӣ ба андозаи зерин тасдиқ карда шавад:
Маблағгузории мақомоти
ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ - 276128 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон - 2318 ҳазор сомонӣ;
- Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 11082 ҳазор сомонӣ;
- Комиссияи марказии интихобот
ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 2259 ҳазор сомонӣ;
- Дастгоҳи иҷроияи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон - 37964 ҳазор сомонӣ;
- Раёсати хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 936 ҳазор сомонӣ;
- кумитаҳои назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон - 9445 ҳазор сомонӣ;
- дастгирии барномаҳои сиёсати
давлатии ҷавонон - 762 ҳазор сомонӣ;
- сафарҳои хизматии хориҷии кормандони
мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идора
кирояи (фрахти) ҳавопаймоҳо - 9000 ҳазор сомонӣ;
- вазоратҳо ва идораҳои машғули
сиёсати молиявӣ ва андозу буҷет - 43037 ҳазор сомонӣ;
- вазоратҳо ва идораҳои машғули
фаъолияти сиёсати хориҷӣ - 85515 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- барои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии
Тоҷикистон ҷиҳати хариди таҷҳизот барои
чопи шиносномаҳои биометрӣ - 24000 ҳазор сомонӣ;
- вазоратҳо ва идораҳои машғули
хизматрасониҳое, ки барои соҳаҳои
иқтисод хусусияти умумӣ доранд - 52288 ҳазор сомонӣ;
- тадқиқоти бунёдӣ ва илм - 21522 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- Академияи илмҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон - 13696 ҳазор сомонӣ;
- Академияи илмҳои кишоварзии
Ҷумҳурии Тоҷикистон - 6119 ҳазор сомонӣ;
- дигар ташкилотҳо дар соҳаи илм - 1707 ҳазор сомонӣ;
- мудофиа (на барои нашр) - 219525 ҳазор сомонӣ;
- мақомоти ҳифзи ҳуқуқ,
судҳо ва прокуратура (на барои нашр) - 255387 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- хадамоти милитсия ва
муҳофизат аз сўхтор - 117885 ҳазор сомонӣ;
- дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ - 105568 ҳазор сомонӣ;
- Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон - 748 ҳазор сомонӣ;
- Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 2035 ҳазор сомонӣ;
- Суди Олии иқтисодии
Ҷумҳурии Тоҷикистон - 1043 ҳазор сомонӣ;
- Коллегияи ҳарбии назди Суди
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 407 ҳазор сомонӣ;
- Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
ва мақомоти он дар маҳалҳо - 5960 ҳазор сомонӣ;
- Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,
мақомоти он, судҳо ва дастгоҳи судҳо - 9640 ҳазор сомонӣ;
- Прокуратураи генералии Ҷумҳурии
Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо - 12101 ҳазор сомонӣ;
- Маориф - 224364 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- таҳсилоти умумӣ - 96609 ҳазор сомонӣ;
- таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ - 92872 ҳазор сомонӣ;
- илмҳои амалӣ дар соҳаи маориф - 1340 ҳазор сомонӣ;
- Вазорати маорифи
Ҷумҳурии Тоҷикистон - 1170 ҳазор сомонӣ;
- дигар хароҷот дар соҳаи маориф - 32373 ҳазор сомонӣ.
- тандурустӣ - 57526 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- беморхонаҳо - 39689 ҳазор сомонӣ;
- дармонгоҳҳо ва нуқтаҳои тиббӣ - 815 ҳазор сомонӣ;
- илмҳои амалӣ дар соҳаи
- тандурустӣ - 1645 ҳазор сомонӣ;
- Вазорати тандурустии
Ҷумҳурии Тоҷикистон - 994 ҳазор сомонӣ;
- дигар ташкилотҳо ва чорабиниҳои
соҳаи тандурустӣ - 14383 ҳазор сомонӣ,
- аз онҳо:
таъмини чорабиниҳои эмкунии аҳолӣ - 2200 ҳазор сомонӣ;
- суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ - 197090 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- таъминоти нафақаи сохторҳои қудратӣ
ва хизматчиёни давлатӣ - 80720 ҳазор сомонӣ;
- пардохти ҷубронпулӣ барои
дастгирии иҷтимоии аҳолӣ - 44127 ҳазор сомонӣ;
- Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии
аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 8731 ҳазор сомонӣ;
- муассисаҳои махсус барои маъюбон
ва пиронсолон - 13385 ҳазор сомонӣ;
- дигар ташкилотҳо ва
чорабиниҳои соҳаи таъминоти
иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ - 50127 ҳазор сомонӣ;
- хоҷагии манзилию коммуналӣ - 26942 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- Корхонаи воҳиди давлатии
«Хоҷагии манзилию коммуналӣ» - 4000 ҳазор сомонӣ;
- барои тараққиёти шаҳри Хуҷанд
(барқароркунии низоми обтаъминкунии
шаҳри Хуҷанд) - 3500 ҳазор сомонӣ;
- ғайра дар соҳаи хоҷагии
манзилию коммуналӣ - 19442 ҳазор сомонӣ;
- чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ,
солимгардонӣ ва ҷамъиятӣ - 106850 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- телевизион ва радиошунавонӣ - 29313 ҳазор сомонӣ.
- Вазорати фарҳанги
Ҷумҳурии Тоҷикистон - 1694 ҳазор сомонӣ;
- илмҳои амалӣ дар соҳаи фарҳанг - 199 ҳазор сомонӣ.
- Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 2527 ҳазор сомонӣ;
- матбуоти даврӣ ва нашриёт - 5284 ҳазор сомонӣ;
- ташкилотҳои ҷамъиятӣ
дар соҳаи фарҳанг - 2451 ҳазор сомонӣ;
- мукофотҳои давлатӣ дар соҳаи фарҳанг - 100 ҳазор сомонӣ;
- дигар чорабиниҳо дар соҳаи фарҳанг - 65282 ҳазор сомонӣ;
комплекси сўзишворию – энергетикӣ - 557469 ҳазор сомонӣ;
- хоҷагии қишлоқ ва моҳипарварӣ - 85575 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- Вазорати мелиоратсия ва захираҳои
оби Ҷумҳурии Тоҷикистон - 29319 ҳазор сомонӣ;
- Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии
Тоҷикистон - 20508 ҳазор сомонӣ,
аз онҳо:
- хариди доруворӣ бар зидди
касалиҳои чорво ва парранда - 1900 ҳазор сомонӣ;
- хариди тухмии ғалла, картошка ва
дигар зироатҳои кишоварзӣ - 6000 ҳазор сомонӣ;
- барномаи барқарорсозӣ ва рушди
минбаъдаи соҳаи боғу токпарварӣ - 1000 ҳазор сомонӣ;
- хариди заҳрхимикатҳо ва
- мубориза бар зидди ҳашароти
зараррасони соҳаи кишоварзӣ - 4000 ҳазор сомонӣ;
- Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 11137 ҳазор сомонӣ;
- дигар муассисаҳо ва дастгирии соҳаи
кишоварзӣ - 25111 ҳазор сомонӣ;
- истихроҷ ва коркарди маъданҳо,
саноати истеҳсоли маъдан ва сохтмон - 23772 ҳазор сомонӣ;
- нақлиёт ва коммуникатсия - 61013 ҳазор сомонӣ;
- вазоратҳо ва идораҳои машғули
фаъолияти иқтисодӣ ва хизматрасонӣ - 20095 ҳазор сомонӣ;
- дигар чорабиниҳо - 587852 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- хизматрасонии ўҳдадориҳои қарзӣ - 106853 ҳазор сомонӣ,
аз онҳо:
а) пардохти фоизҳои қарзҳои берунӣ - 84853 ҳазор сомонӣ;
б) пардохти фоизҳои қарзҳои дохилӣ - 22000 ҳазор сомонӣ;
- хароҷоти шаҳри Душанбе барои амалӣ
намудани вазифаҳои пойтахт - 7000 ҳазор сомонӣ;
- фонди хароҷоти пешбининашудаи
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 20000 ҳазор сомонӣ;
- хароҷоти дигаре, ки аз рўи соҳаҳои
иқтисод гурўҳбандӣ нашудааст - 453999 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- баргардонидани андоз аз арзиши
иловашуда - 15000 ҳазор сомонӣ;
- трансфертҳо ба буҷетҳои маҳаллӣ дар
намуди маблағҳои мақсаднок (субвенсия) - 261843 ҳазор сомонӣ. (ҚҶТ аз 5.05.09, №507)
Моддаи 16. Дар соли 2009 хароҷоти вазорату идораҳо, ташкилотҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ аз рўи гурўҳбандии иқтисодӣ дар ҳаҷмҳои зерин анҷом дода шавад:
а) хароҷоти ҷорӣ - 2289551 ҳазор сомонӣ;
- хароҷот барои молҳо ва
хизматрасониҳо - 1135617 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- музди меҳнат ва иловапулиҳо - 395969 ҳазор сомонӣ;
- маблағҷудокунӣ ба буҷети суғуртаи
иҷтимоӣ ва нафақа - 44453 ҳазор сомонӣ;
- хариди дигар молҳо ва
хизматрасониҳо - 695195 ҳазор сомонӣ,
аз онҳо:
- пардохти хизматрасонии газ, барқ, алоқа
ва дигар хизматрасонии коммуналӣ - 57978 ҳазор сомонӣ;
- хариди таҷҳизоти камарзиш, асбобу
анҷом, дигар молҳо ва хизматрасонӣ - 637217 ҳазор сомонӣ;
- пардохти фоизҳо аз рўи қарзҳои
дохилӣ ва берунӣ - 106853 ҳазор сомонӣ;
- субсидияҳо ва дигар
трансфертҳои ҷорӣ - 1047081 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- трансфертҳо ва субсидияҳо ба
корхонаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ - 594029 ҳазор сомонӣ,
шакли маблағи мақсаднок дода мешавад - 268843 ҳазор сомонӣ;
- трансфертҳо ба аҳолӣ - 157038 ҳазор сомонӣ,
аз онҳо:
- таъминоти нафақавии сохторҳои
қудратӣ, хизматчиёни давлатӣ ва кўмакпулиҳо - 83373 ҳазор сомонӣ;
- трансфертҳо ба ташкилотҳои хориҷӣ - 27171 ҳазор сомонӣ;
б) хароҷоти асосӣ - 364507 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- хариди сармояи асосӣ - 60214 ҳазор сомонӣ;
- маблағҳои асосии марказонидашуда - 262250 ҳазор сомонӣ;
- хариди мол барои ташкили захираҳо - 35205 ҳазор сомонӣ;
- трансфертҳои асосӣ - 6838 ҳазор сомонӣ;
в) дастгирӣ ва қарздиҳии соҳибкории
хурду миёна, муҳоҷирон ва хизматчиёни давлатӣ - 45530 ҳазор сомонӣ. (ҚҶТ аз 5.05.09, №507)
Моддаи 17. Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009 ба маблағи 82725 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Моддаи 18. Бо мақсади таъмини истиқлолияти энергетикӣ, бехатарии озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ ва хизматрасонии саривақтии қарзҳои беруна, дар назди буҷети ҷумҳуриявии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисод» таъсис дода шавад.
Муқаррар карда шавад, ки дар соли 2009 20 фоизи маблағҳо аз иҷрои барзиёдии қисми даромади буҷетҳои тасдиқшудаи маҳаллӣ ва 30 фоизи маблағҳо аз иҷрои барзиёди қисми даромади буҷети тасдиқшудаи ҷумҳуриявӣ ба «Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисод» равона карда мешаванд.
Тартиби ташаккул ва истифодабарии «Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисод»-ро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 19. Ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки дар соли 2009 бо мақсади зиёд намудани даромади буҷет аз ҳисоби фоизҳо аз рўи депозитҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, ки ба ҳолати 1 январи соли 2009 ба вуҷуд омадаанд, онҳоро дар муассисаҳои бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мўҳлати кўтоҳмуддат дар давраи соли буҷетӣ ҷойгир намояд.
Моддаи 20. Дар соли 2009 ба моддаҳои ҳимояшавандаи хароҷот музди меҳнат, маблағҷудокунӣ барои суғуртаи иҷтимоӣ, стипендияҳо, нафақаҳо, ёрдампулиҳо, ҷубронпулӣ дохил карда шаванд.
Дар сурати зарурат ва мавҷуд будани сарфа аз рўи моддаҳои хароҷот дар ҳолати набудани қарздорӣ аз рўи онҳо, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо метавонанд бо тартиби муқарраргардида дар маблағгузории моддаҳои хароҷот тағйироти дахлдор ворид намоянд.
Моддаи 21. Маблағҳои махсуси вазоратҳо, идораҳо, ташкилотҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда дар даромаду хароҷоти ташкилотҳои дахлдори буҷетӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд. Ҳамзамон 20 фоизи маблағҳои махсуси Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 10 фоизи маблағҳои махсуси дигар вазоратҳо, идораҳо ва ташкилотҳо ҳар семоҳа ба даромади буҷетҳои дахлдор, ба истиснои маблағҳои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёна ва олии касбӣ, муассисаҳои тандурустӣ дар ноҳияҳои таҷрибавӣ, инчунин маблағҳои гранту спонсорӣ, ки барои чорабиниҳои дорои хусусияти ғайритиҷоратӣ пешниҳод мегарданд, дохил карда мешаванд. (ҚҶТ аз 5.05.09, №507)
Ба муассисаҳои буҷетӣ истифодабарии маблағҳои махсус (ба истиснои маблағҳои грант ва спонсорӣ) берун аз системаи хазинадорӣ манъ карда шавад. Дар ҳолати вайрон намудани тартиби мазкур маблағҳои махсус 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ рўёнида мешаванд.
Ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки дар ҳолати аз ҳаҷми маблағҳои дар Буҷети давлатӣ тасдиқшуда кам ё зиёд ворид гардидани маблағҳои махсуси муассисаҳои буҷетӣ дар сметаи даромад ва хароҷоти онҳо ва дар қисми даромад ва хароҷоти Буҷети давлатӣ тағйироти дахлдор ворид намояд.
Моддаи 22. Дар соли 2009 40 фоизи маблағи аз додани сертификат бадастовардаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида шавад. Маблағи (60 фоизи) аз ҳисоби додани сертификат дар ихтиёри Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон монда, тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандӣ карда шавад.
Моддаи 23. Дар соли 2009 маблағҳое, ки аз ҳисоби хизматрасонии консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии бурунмарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд, дар сметаи даромаду хароҷоти идораҳои мазкур ба ҳисоб гирифта, барои маблағгузории фаъолияти онҳо равона карда мешаванд.
Моддаи 24. Имтиёзи рафтуомад ба маҳалли гузаронидани рухсатӣ барои хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи марказии ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъмини амволи махсуси назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар идораҳое, ки барои хизматчиёни онҳо дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин имтиёз пешбинӣ шудааст, як маротиба дар як сол ва танҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда пардохта мешавад.
Моддаи 25. Дар соли 2009 пардохти ҷубронпулӣ ба ивази озуқаворӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ ва кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки аз рўи музди кор ба сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар карда шудаанд, ҳар моҳ ба маблағи 35 сомонӣ ба як шахс муқаррар карда шавад (на барои нашр).
Моддаи 26. Пардохти ҷубронпулӣ дар сурати бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати казармавӣ гузаронидани хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, кормандони дигар мақомоте, ки дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амният иштирок мекунанд, дар доираи маблағи фонди музди меҳнат, ки тибқи Қонуни мазкур дар сметаи хароҷот барои ҳамин вазорату идораҳо тасдиқ шудааст, анҷом дода мешавад.
Моддаи 27. Ҳаҷми маблағҳои мақсаднок (субвенсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ба маблағи 261843 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад, аз ҷумла барои:
- Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон - 65904 ҳазор сомонӣ;
- вилояти Хатлон - 132152 ҳазор сомонӣ;
- шаҳри Ваҳдат - 4061 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Варзоб - 1726 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Рашт - 10375 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Ҷиргатол - 10293 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Нуробод - 7936 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Тавилдара - 4966 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Тоҷикобод - 6600 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Файзобод - 8840 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Шаҳринав - 8990 ҳазор сомонӣ.
Маблағҳои мақсаднок (субвенсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои мувозинати даромад ва хароҷот ҷудо карда мешавад.
Моддаи 28. Пули нақди гардони кассавии буҷети ҷумҳуриявӣ ба ҳолати 1 январи соли 2010 ба маблағи 90000 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Моддаи 29. Аз 1 январи соли 2009 тамоми амалиёти молиявии иҷрои буҷетҳои маҳаллӣ, ки тавассути Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» гузаронида мешавад, ба тариқи музднок анҷом дода мешаванд. Инчунин ба ҳама депозитҳои мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ҷойгир карда мешаванд, барои истифодаи онҳо аз ҷониби бонк бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фоиз ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 30. Аз 1 январи соли 2009 барои ҳавасмандгардонии кормандон ва инкишофи заминаи моддию техникии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 60 фоизи маблағи умумии пинҳонкардашудаи (кам нишондодашудаи) андозҳо ва ҷаримаҳои дар рафти корҳои назоратӣ ошкоргардида ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 60 фоизи хироҷҳои гумрукӣ ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равон карда мешаванд. Маблағҳои зикргардида бо тартиби марказонидашуда ба буҷети ҷумҳуриявӣ ворид гардида, барои маблағгузории тадбирҳои дар моддаи мазкур пешбинишуда истифода мешаванд ва тартиби дар моддаи 21 Қонуни мазкур пешбинигардида нисбати онҳо татбиқ намегардад.
Моддаи 31. Аз 1 июли соли 2009 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷиҳати ҳисобкунии андозҳо, боҷҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ, муҷозотҳои ҷаримавӣ ва пардохтҳои иҷтимоӣ, инчунин барои ҳисобкунии ин ё он бузургиҳои арзишии ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ), ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд, дар ҳаҷми 35 сомонӣ муқаррар карда шавад.
Моддаи 32. Муқаррар карда шавад, ки хароҷот аз рўи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар соли ҷорӣ қабулгардида, ки захираҳои молиявии иловагиро талаб менамоянд, дар буҷети соли оянда пешбинӣ карда мешаванд.
Моддаи 33. Муқаррар карда шавад, ки мурофиаи судӣ оид ба даъвои шахсони воқеӣ барои рўёнидани зарари моддию маънавӣ, ки аз тарафи кормандони мақомоти идоракунии давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми адои вазифаҳои хизматӣ расонида шудааст, бо даъвати намояндагони ин мақомот ба ҳайси ҷавобгар гузаронида шуда, пардохти варақаи иҷро аз ҳисоби маблағҳои сметаи хароҷоти онҳо амалӣ карда мешавад.
Моддаи 34. Муқаррар карда шавад, ки дар соли 2009 хизматрасонии қарзҳои берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар назди Ҷумҳурии Ўзбекистон Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз ҳисоби даромади истифодабарии қитъаи роҳи оҳани «Конибодом-Бекобод» мувофиқи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ўзбекистон пардохт менамояд.
Даромадҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз ҳисоби истифодабарии қитъаи роҳи оҳани «Конибодом-Бекобод» аз андозбандӣ озод карда мешаванд.
Моддаи 35. Ҳисобот оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2007 аз рўи даромад ба маблағи 3765728 ҳазор сомонӣ, аз рўи хароҷот ба маблағи 3494824 ҳазор сомонӣ бо барзиёдии даромад нисбати хароҷот ба маблағи 270904 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Хароҷоти воқеии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2007 барои пардохти ўҳдадориҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пардохти қарзи асосии берунӣ ба маблағи 86115 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Моддаи 36. Дар мавриди барзиёд ё кам иҷро гардидани қисми даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба қисми даромад ва хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба қисми даромад ва хароҷоти Буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2009 мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бе тағйири ҳаҷми касри буҷет тағйирот ворид намояд.
Бо сабаби тағйир ёфтани ҳаҷми истеҳсолот (кор ва хизматрасонӣ), андозаи нархҳо ва тағйирёбии сохторӣ, инчунин заминаи андозбандӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулнамудаи мақомоти давлатӣ бармеоянд, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида дар ҳисобҳои байниҳамдигарии буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ тағйирот ворид менамоянд.(ҚҶТ аз 5.05.09, №507).
Моддаи 37. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2009 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе,
19 ноябри соли 2008, №447
Пинҳон кардан