ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ТАРТИБ ВА ШАРОИТИ ДАР ҲАБС НИГОҲ ДОШТАНИ ГУМОНБАРШУДА, АЙБДОРШАВАНДА ВА СУДШАВАНДА
(Ахбори маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2011, №6, мод. 433; с. 2013, №12, мод. 883;
Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 с., №1282; аз 14.05.2016, №1312; аз 02.01.2020 с., №1665; аз 29.01.2021с., №1758)
Қонуни мазкур тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандаро танзим намуда, кафолати ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳоро муайян менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- гумонбаршуда - шахсе, ки нисбат ба ӯ бо асос ва тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар гумонбар шуданаш дар содир намудани ҷиноят парвандаи ҷиноятӣ
оғоз гардида, дар ин бора ба ӯ муфаттиш ё таҳқиқбаранда хабар додааст ё ӯ дастгир карда шудааст ва ё дар ҳаққи ӯ то эълон кардани айб чораи пешгирӣ татбиқ карда шудааст;
- айбдоршаванда - шахсе, ки нисбат ба ӯ қарор дар бораи ба сифати айбдоршаванда ҷалб кардан бароварда шудааст;
- судшаванда - шахсе, ки нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноятӣ ба пешбурди суд қабул карда шудааст;
- изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) тафтишотӣ - изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотии системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии мақомоти адлия ва изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотии мақомоти амнияти миллӣ;
- изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) нигоҳдории муваққатӣ - изолятори (тавқифгоҳи) нигоҳдории муваққатии гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандаи мақомоти корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ, назорати маводи нашъаовар ва назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 02.01.20 с., №1665)
Моддаи 3. Мақсадҳои дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда
1. Дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда (минбаъд - дар ҳабс нигоҳ доштан) бо мақсадҳои пешбининамудаи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешавад.
2. Дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда набояд ба мақсадҳои расонидани азобу шиканҷа ва ё зарари ҷисмониву маънавӣ истифода карда шавад.
Моддаи 4. Принсипҳои дар ҳабс нигоҳ доштан
Дар ҳабс нигоҳ доштан мутобиқи принсипҳои қонуният, дахлнопазирии шахсият, эҳтимолияти бегуноҳӣ, баробарӣ дар назди қонун ва суд, башардӯстӣ ва эҳтироми шаъну шарафи шахс амалӣ карда мешавад.
Моддаи 5. Асоси дар ҳабс нигоҳ доштан
1. Асоси дар ҳабс нигоҳ доштани шахсе, ки дар содир кардани ҷиноят гумонбар дониста шуда, ӯро дастгир кардаанд, протоколи дастгиркунӣ мебошад, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шудааст.
2. Асоси дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандае, ки нисбаташон чораи пешгирии нигоҳ доштан дар ҳабс татбиқ карда шудааст, қарори судя ё таъиноти суд мебошад, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шудааст.
Моддаи 6. Вазъи ҳуқуқии гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда
1. Гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда дорои ҳуқуқу озодиҳо ва ӯҳдадориҳое мебошанд, ки барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд, ба истиснои маҳдудиятҳое, ки Қонуни мазкур ва дигар қонунҳо пешбинӣ намудаанд.
2. Гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандае, ки шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд буда, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳабс нигоҳ дошта мешаванд, дорои ҳуқуқу озодиҳо ва ӯҳдадориҳое мебошанд, ки барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва дигар қонунҳо, инчунин дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, пешбинӣ карда шудаанд. (ҚҶТ аз 02.01.20 с., №1665)
3. Ҳуқуқи гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандаро аз рӯи нишонаҳои миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ва ё аз рӯи дигар ҳолатҳо маҳдуд кардан мумкин нест.
Моддаи 7. Ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан
1. Ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан инҳо ба ҳисоб мераванд:
- изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотии системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии мақомоти адлия;
- изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотии мақомоти амнияти миллӣ;
- изолятори (тавқифгоҳи) нигоҳдории муваққатии мақомоти амнияти миллӣ;
- изолятори (тавқифгоҳи) нигоҳдории муваққатии мақомоти корҳои дохилӣ;
- изолятори (тавқифгоҳи) нигоҳдории муваққатии мақомоти ҳифзи сарҳади давлатӣ;
- изолятори (тавқифгоҳи) нигоҳдории муваққатии мақомоти назорати маводи нашъаовар;
- изолятори (тавқифгоҳи) нигоҳдории муваққатии мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия.
2. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан метавонанд гауптвахтаҳо ва муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ низ бошанд.
Моддаи 8. Изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) тафтишотӣ
1. Изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) тафтишотӣ барои нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандае пешбинӣ шудаанд, ки нисбаташон чораи пешгирии дар ҳабс нигоҳ доштан татбиқ шудааст.
2. Изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) тафтишотӣ дорои мақоми шахси ҳуқуқӣ мебошанд.
3. Изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) тафтишотии системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии мақомоти адлия ва амнияти миллӣ бо пешниҳоди роҳбарони ҳамин мақомот аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис, аз нав ташкил ва барҳам дода мешаванд.
4. Изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) тафтишотӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд.
Моддаи 9. Изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) нигоҳдории муваққатӣ
1. Изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) нигоҳдории муваққатӣ барои дар ҳабс нигоҳ доштани шахсе, ки дар содир кардани ҷиноят гумонбар дониста шуда, ӯро дастгир кардаанд, пешбинӣ гардидаанд.
2. Дар изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) нигоҳдории муваққатӣ гумонбаршудагон, айбдоршавандагон ва судшавандагоне, ки нисбати онҳо чораи пешгирии дар ҳабс нигоҳ доштан татбиқ карда шудааст, набояд зиёда аз се шабонарўз нигоҳ дошта шаванд, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қисми 1 моддаи 13 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд (ҚҶТ аз 14.05.2016, №1312).
3. Изолятори (тавқифгоҳи) нигоҳдории муваққатии мақомоти амнияти миллӣ воҳиди мақомоти амнияти миллӣ буда, аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешавад. Изолятори (тавқифгоҳи) нигоҳдории муваққатии мақомоти амнияти миллӣ бо пешниҳоди роҳбари мақомоти амнияти миллӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис, аз нав ташкил ва барҳам дода мешавад.
4. Изолятори (тавқифгоҳи) нигоҳдории муваққатии мақомоти корҳои дохилӣ воҳиди мақомоти корҳои дохилӣ буда, аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешавад. Изолятори (тавқифгоҳи) нигоҳдории муваққатии мақомоти корҳои дохилӣ бо пешниҳоди роҳбари мақомоти корҳои дохилӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис, аз нав ташкил ва барҳам дода мешавад.
5. Изолятори (тавқифгоҳи) нигоҳдории муваққатии мақомоти ҳифзи сарҳади давлатӣ дар қисмҳои сарҳадие, ки сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бевосита ҳифз менамоянд, таъсис дода шуда, аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешавад. Изолятори (тавқифгоҳи) нигоҳдории муваққатии мақомоти ҳифзи сарҳади давлатӣ бо пешниҳоди роҳбари мақомоти амнияти миллӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис, аз нав ташкил ва барҳам дода мешавад.
6. Изолятори (тавқифгоҳи) нигоҳдории муваққатии мақомоти назорати маводи нашъаовар воҳиди мақомоти назорати маводи нашъаовар буда, аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешавад. Изолятори (тавқифгоҳи) нигоҳдории муваққатии мақомоти назорати маводи нашъаовар бо пешниҳоди роҳбари мақомоти назорати маводи нашъаовар аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис, аз нав ташкил ва барҳам дода мешавад.
7. Изолятори (тавқифгоҳи) нигоҳдории муваққатии мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия воҳиди мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия буда, аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешавад. Изолятори (тавқифгоҳи) нигоҳдории муваққатии мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо пешниҳоди роҳбари мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис, аз нав ташкил ва барҳам дода мешавад.
Моддаи 91. Бақайдгирии ҷойгиркунӣ дар изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) нигоҳдории муваққатӣ
1. Ҳангоми дар изолятори (тавқифгоҳи) нигоҳдории муваққатӣ ҷойгир кардани гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшавандае, ки дастгир карда шудааст, шахси масъули изолятори (тавқифгоҳи) нигоҳдории муваққатӣ дар Китоби бақайдгирии шахсони дар изолятори (тавқифгоҳи) нигоҳдории муваққатӣ нигоҳдошташаванда бояд маълумотҳои зеринро қайд намояд:
– насаб, ном, номи падар ва маълумотҳои дигар оид ба шахсияти дастгиршуда;
– сана ва вақти ҷойгир кардани дастгиршуда дар изолятори (тавқифгоҳи) нигоҳдории муваққатӣ;
– насаб, ном, номи падар, вазифа ва рутбаи кормандон ва шахсони мансабдори мақомоти таъқиби ҷиноятӣ, ки дар анҷом додани амалиёти дастгиркунӣ иштирок кардаанд;
– асос барои ҷойгир кардан дар изолятори (тавқифгоҳи) нигоҳдории муваққатӣ (рақам ва санаи протоколи дастгиркунӣ, қарори (таъноти, ҳукми) мақоми пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ бо нишон додани насаб, ном ва номи падар, вазифа ва рутбаи шахсе, ки ин ҳуҷҷатҳоро тартиб додааст ё қабул намудааст);
– ҷинояте, ки шахс барои содир кардани он гумонбар дониста ё айбдор карда шудааст ё айбдор карда шудааст ё ин ки маҳкум гардидааст;
– натиҷаи муоинаи тиббӣ;
– сана ва вақти аз дастгиркунӣ ва ҷои нигоҳдории дастгиршуда хабардор намудани аъзои болиғи оила ё хешованди наздики ў;
– арзу дархостҳои шифоҳии дастгиршуда ва натиҷаи баррасии онҳо;
– насаб, ном ва номи падар, вазифа, рутба ва имзои шахси масъуле, ки дастгиршударо барои ҷойгир кардан дар изолятори (тавқифгоҳи) нигоҳдории муваққатӣ қабул намуда, маълумотҳои дар моддаи мазкур пешбинишударо ба расмият даровардааст;
– сана ва вақти ба изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотӣ гузаронидан ё озод кардани дастгиршуда бо нишон додани асос барои озод кардан.
2. Шахси дастгиршуда ва ҳимоятгари ў ҳуқуқ доранд бо маълумотҳои сабтгардида дар хусуси бақайдгирии ҷойгиркунӣ шинос шаванд, оид ба ворид намудани тағйирот ё илова ба он дархост намоянд (ҚҶТ аз 14.05.2016, №1312).
Моддаи 10. Истифодаи гауптвахтаҳо барои дар ҳабс нигоҳ доштан
Хизматчиёни ҳарбии гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ташкил ва тартиби адои хизмати гарнизонӣ ва қаровулии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба танзим медароранд, дар гауптвахтаҳо нигоҳ дошта мешаванд.
Моддаи 11. Истифодаи муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ барои дар ҳабс нигоҳ доштан
1. Маҳкумшудаи дар колонияҳои ислоҳӣ ё тарбиявӣ ва маҳбасҳо адои ҷазо кардаистода, ки дар содир намудани ҷинояти дигар гумонбар дониста шудааст, метавонад дар ҳамин муассиса алоҳида аз маҳкумшудагони дигар нигоҳ дошта шавад.
2. Гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандае, ки нисбати онҳо чораи пешгирии дар ҳабс нигоҳ доштан татбиқ шудааст, метавонанд дар маҳбасҳо ё дар ҳудуди муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар биноҳои махсус барои ин мақсад таҷҳизонидашуда, ки аз рӯи низоми изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) тафтишотӣ амал мекунанд, нигоҳ дошта шаванд. Номгӯи маҳбасҳо ва муассисаҳои ислоҳӣ, ки дар ҳудуди онҳо метавонанд гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда нигоҳ дошта шаванд, аз ҷониби вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
3. Гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандае, ки нисбати онҳо чораи пешгирии дар ҳабс нигоҳ доштан татбиқ шудааст, ҳангоми таъин кардани экспертизаи судӣ-тиббӣ тибқи асосҳои пешбининамудаи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин дар ҳолати ба онҳо расонидани ёрии тиббӣ бо тартиби пешбининамудаи қисми 2 моддаи 24 Қонуни мазкур дар муассисаҳои табобатӣ ҷойгир карда мешаванд.
Моддаи 12. Кормандони ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан
1. Ҳайати роҳбарикунанда ва қатории мақомоти адлия, корҳои дохилӣ, назорати маводи нашъаовар, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, хизматчиёни ҳарбии мақомоти амнияти миллӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таъмини низоми дар ҳабс нигоҳ доштанро ба ӯҳда доранд, кормандони ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан ба шумор мераванд.
2. Сардорони ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан инҳо мебошанд:
- сардорони изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) тафтишотӣ;
- сардорони изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) нигоҳдории муваққатӣ;
- сардорони муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ;
- командирони қисмҳои ҳифзи сарҳади давлатӣ, ки изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) нигоҳдории муваққатӣ дар тобеи онҳо мебошанд;
- командирони қисмҳои ҳарбӣ, ки гауптвахтаҳо дар тобеи онҳо мебошанд;
- сардорони гауптвахтаҳои гарнизони ҳарбӣ.
Моддаи 13. Асос барои гузаронидани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда аз изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) тафтишотӣ ба изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) нигоҳдории муваққатӣ
1. Дар ҳолатҳои пайдо гардидани зарурат барои гузаронидани амалҳои тафтишотӣ ва ё мурофиаи судӣ берун аз тавқифгоҳи тафтишотӣ, ки ҳамарӯза овардани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандаеро, ки дар изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) тафтишотӣ нигоҳ дошта мешаванд, душвор мегардонад, гузаронидани шахсони номбаршуда ба изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) нигоҳдории муваққатӣ ба мӯҳлати на зиёда аз даҳ рӯз дар як моҳ иҷозат дода мешавад.
2. Барои гузаронидани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда аз изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) тафтишотӣ ба изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) нигоҳдории муваққатӣ қарори прокурор, муфаттиш ва ё шахси таҳқиқбаранда, қарори судя, инчунин таъиноти суд асос мебошанд.
Моддаи 14. Мӯҳлати дар ҳабс нигоҳ доштан
Мӯҳлати дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда мутобиқи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 15. Низоми ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан
1. Дар ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан низоме муқаррар карда мешавад, ки риоя шудани ҳуқуқҳои гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда, ӯҳдадориҳои худро иҷро карда тавонистани онҳо, аз ҳам ҷудо нигоҳ доштани онҳо, инчунин иҷрои вазифаҳои пешбининамудаи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин карда тавонад.
2. Таъмини низоми ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан ба зиммаи маъмурият ва кормандони ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан гузошта мешавад, ки онҳо барои иҷро накардан ё ба таври муқарраргардида иҷро накардани ӯҳдадориҳои хизматӣ мутобиқи қонунгузорӣ ҷавобгар мебошанд.
Моддаи 16. Тартиботи дохилии ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан
1. Бо мақсади таъмин намудани низоми ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан мақомоти адлия, амнияти миллӣ, корҳои дохилӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ, мудофиа, назорати маводи нашъаовар ва назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар мувофиқа бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоидаҳои тартиботи дохилии ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда (минбаъд - Қоидаҳои тартиботи дохилӣ) - ро тасдиқ мекунанд.
2. Мутобиқи Қоидаҳои тартиботи дохилӣ тартиботи зерин муқаррар карда мешаванд:
- азназаргузаронии гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда аз ҷониби корманди тиб ҳангоми ворид шудан ба ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан;
- қабул ва дар камераҳо ҷойгир кардани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда;
- гузаронидани кофтукови шахсӣ, дактилоскопия, аксбардорӣ, инчунин аз назар гузаронидани ашёи гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда;
- аз гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда ситонидани чизу чора, мавод ва озуқаворие, ки нигоҳ доштан ва истифода намудани онҳо манъ карда шудааст;
- аз ҷиҳати моддию маишӣ таъмин намудани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда;
- аз тарафи гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда харидорӣ намудани озуқаворӣ, инчунин маводи мавриди ниёз ва дигар молҳои саноатӣ;
- қабул ва супурдани фиристаҳо ва дастовезҳо ба гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда;
- қабул ва фиристодани барқия, мактуб ва маблағи пулӣ аз тарафи гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда;
- фиристонидани таклиф, ариза ва шикоят аз тарафи гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда;
- иҷрои маросимҳои динӣ аз тарафи гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда;
- ҷалби гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда ба меҳнат;
- иштироки гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда дар муносибатҳои ҳуқуқии оилавӣ ва аҳдҳои ҳуқуқии гражданӣ;
- обуна шудани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда ба рӯзномаю маҷаллаҳо;
- таъминоти тиббию санитарӣ ва гигиении гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда;
- сайругашти ҳаррӯзаи гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда;
- гузаронидани мулоқоти гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда бо шахсони дар моддаи 18 Қонуни мазкур пешбинигардида;
- таъмини иштироки гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда дар амалҳои тафтишотӣ ва мурофиаи судӣ;
- аз тарафи сардорони ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан ва шахсони ваколатдорнамудаи онҳо шахсан қабул намудани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда;
- додани ҷасади гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандае, ки дар ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан фавтидаанд.
3. Бо Қоидаҳои тартиботи дохилӣ, инчунин қоидаҳои рафтори гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда дар ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан, номгӯй ва миқдори озуқаворӣ, маводи мавриди ниёз, пойафзол, сару либос ва дигар молҳои саноатие, ки гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда онҳоро бо худ дошта, бо фириста ва дастовез гирифта метавонанд, инчунин номгӯй ва тартиби расонидани хизматрасониҳое, ки ба гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда ба тариқи музднок (пулакӣ) расонида мешаванд, муқаррар карда мешаванд.
БОБИ 2. ҲУҚУҚУ ӮҲДАДОРИҲОИ ГУМОНБАРШУДА, АЙБДОРШАВАНДА, СУДШАВАНДА ВА ЧОРАҲОИ ТАЪМИНОТИ ОНҲО
Моддаи 17. Ҳуқуқҳои гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда
1. Гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда ҳуқуқҳои зеринро доранд:
- дар бораи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худ, низоми дар ҳабс нигоҳ доштан, талаботи интизомӣ, тартиби додани таклиф, ариза ва шикоят маълумот гиранд;
- ба амнияти шахсӣ дар ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан;
- ба сардорони ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан ва ба шахсони ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштанро назораткунанда ҳангоми дар ҳудуди он будани ин шахсон доир ба ҳузури худ қабул карданашон муроҷиат намоянд;
- бо ҳимоятгар, хешовандон ва дигар шахсони дар моддаи 18 Қонуни мазкур пешбинишуда мулоқот намоянд;
- бо худ ҳуҷҷату навиштаҳо доир ба парвандаи ҷиноятӣ ё ба масъалаҳои амалӣ намудани ҳуқуқу манфиатҳои қонуниашон вобастабударо дошта бошанд, ба истиснои ҳуҷҷату навиштаҳое, ки онҳоро бо мақсадҳои ғайриқонунӣ истифода бурдан мумкин аст ё онҳо дорои маълумоти сирри давлатӣ ё дигар маълумоти бо қонун ҳифзшаванда бошанд;
- аз рӯи масъалаи қонунӣ ва асоснок будани дар ҳабс нигоҳ доштан ва риоя нагардидани ҳуқуқу манфиатҳои қонуниашон бо таклифҳо, аризаҳо ва шикоятҳо, аз он ҷумла ба суд муроҷиат намоянд;
- мукотиба намоянд ва аз коғазу қалам истифода баранд;
- таъминоти моддию маишӣ ва тиббию санитариро, аз ҷумла дар давраи иштирок кардан дар амалҳои тафтишотӣ ва мурофиаи судӣ ройгон гиранд;
- шабона тибқи реҷаи муқарраршуда ҳашт соат хоб раванд, ки дар ин муддат онҳоро ба амалиёти мурофиавӣ ва дигар амалиётҳо, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб кардан манъ аст;
- аз гаштугузори ҳаррӯза, ки набояд аз як соат кам бошад, истифода баранд;
- аз лавозимоти хоби (бистари) шахсӣ, инчунин аз ашё ва чизу чораи дигар истифода баранд, ки номгӯй ва миқдори онҳо бо Қоидаҳои тартиботи дохилӣ муайян карда мешавад;
- аз китобҳо ва рӯзномаю маҷаллаҳое, ки дар китобхонаи ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан мавҷуданд ё ба воситаи маъмурияти ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан аз шабакаҳои савдо харидорӣ карда шудаанд, инчунин аз бозиҳои рӯимизӣ истифода намоянд;
- дар бинои ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан, бо шарти риоя намудани Қоидаҳои тартиботи дохилӣ ва ҳуқуқҳои дигар гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда маросимҳои диниро иҷро намоянд, бо худ адабиёти динӣ ва дигар лавозимоти зарурии динӣ дошта бошанд;
- бо худомӯзӣ машғул шаванд ва ба ин мақсадҳо аз адабиёти иҷозатдодашуда истифода намоянд;
- фиристаҳо ва дастовезҳо гиранд;
- аз тарафи кормандони ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан муомилаи хуб бинанд;
- дар аҳдҳои ҳуқуқии гражданӣ иштирок намоянд.
2. Гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандае, ки нисбати онҳо чораи пешгирии нигоҳ доштан дар ҳабс татбиқ карда шудааст ва онҳо дар изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) тафтишотӣ ва муассисаҳои ислоҳӣ нигоҳ дошта мешаванд, ҳамчунин ҳуқуқ доранд:
- маблағҳои пулӣ қабул кунанд ва фиристонанд;
- ақди никоҳ банданд ва онро бекор кунанд, дар муносибатҳои дигари ҳуқуқии оилавӣ ба шарте, ки онҳо хилофи Қонуни мазкур набошанд, иштирок намоянд;
- ба рӯзномаю маҷаллаҳо обуна шаванд ва онҳоро гиранд;
- ҳангоми зарурат аз маъмурият сарулибоси муносиби фасли сол гиранд, ки дар ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан ба пӯшида гаштани онҳо иҷозат дода шудааст.
3. Ба гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандае, ки дар ҳабс нигоҳ дошта мешаванд, дар сурати мавҷуд будани шароит имконияти меҳнат кардан пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 18. Мулоқот бо ҳимоятгар, хешовандон ва дигар шахсон
1. Аз лаҳзаи дастгир шудан ба гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда бо ҳимоятгар мулоқоти як ба як бе маҳдуд кардани шумора ва давомнокии он пешниҳод карда мешавад.
2. Мулоқот пешниҳод карда мешавад:
- бо адвокате, ки дар парванда ба сифати ҳимоятгар иштирок менамояд, дар асоси пешниҳоди ордер ва шаҳодатномаи адвокатӣ; (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1758)
- бо намояндагони муассиса ва ташкилоте, ки гумонбаршуда, айбдоршаванда ва удшаванда таҳти парастории онҳо қарор дорад, дар асоси пешниҳоди протоколи дахлдор;
- бо дигар шахсе, ки дар парванда ба сифати ҳимоятгар иштирок менамояд, дар асоси пешниҳоди мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ, қарори судя ё таъиноти суд, инчунин ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти вай.
3. Гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда бо ҳимоятгари худ дар шароите мулоқот карда метавонанд, ки корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ онҳоро дида метавонад, вале сӯҳбати онҳоро шунида наметавонад.
4. Ба гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда мумкин аст дар асоси розигии хаттии шахси мансабдор ё мақоме, ки парвандаи ҷиноятӣ дар пешбурди он қарор дорад, имконият дода шавад, ки дар як моҳ на зиёда аз ду маротиба, ки давомнокии ҳар як маротибаи он то се соат ебошад, бо хешовандон ва дигар шахсон мулоқот намоянд.
5. Мулоқоти гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда бо хешовандон ва дигар шахсон таҳти назорати кормандони ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан сурат мегирад. Дар ҳолати ба гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда додани чизу чора, мавод, озуқаворӣ ё маълумоти манъшудае, ки онҳо барои муқаррар намудани ҳақиқат аз рӯи парвандаи ҷиноятӣ монеагӣ мекунанд ё барои содир кардани ҷиноят мусоидат менамоянд, мулоқот пеш аз мӯҳлат қатъ карда мешавад.
Моддаи 19. Ҳуқуқ ба амнияти шахсӣ
Гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда ҳуқуқ ба амнияти шахсӣ доранд. Ҳангоми ба миён омадани хатар ба ҳаёт ва саломатӣ ё таҳдиди содир шудани дигар ҷиноят ба муқобили шахсияти гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда аз ҷониби дигар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон ва судшавандагон, кормандони ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан ӯҳдадоранд бетаъхир оид ба таъмини амнияти шахсии ин гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда чораҳо андешанд.
Моддаи 20. Мукотиба
1. Ба гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда иҷозат дода мешавад, ки бо хешовандон ва дигар шахсон мукотиба кунанд, ки дар ин ҳолат шумораи барқияву мактубҳои гирифташаванда ва фиристодашаванда маҳдуд карда намешавад.
2. Мукотибаи гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда танҳо тавассути маъмурияти ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан сурат мегирад ва таҳти сензура қарор дода мешавад. Сензураро маъмурияти ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан ва дар мавриди зарурӣ шахси мансабдор ё мақомоте, ки парвандаи ҷиноятӣ дар пешбурди он қарор дорад, амалӣ менамоянд.
3. Мактубҳои дорои маълумоте, ки барои муқаррар намудани ҳақиқат аз рӯи парвандаи ҷиноятӣ монеагӣ мекунанд ё барои содир кардани ҷиноят мусоидат менамоянд, инчунин мактубҳои рамзӣ ва дигар мактубҳое, ки дорои маълумоти сирри давлатӣ ё дигар маълумоти бо қонун ҳифзшаванда мебошанд, ба суроғаи дар мактуб сабтгардида фиристода намешаванд, ба дасти гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда супорида намешаванд ва ба шахси мансабдор ё мақомоте супорида мешаванд, ки парвандаи ҷиноятӣ дар пешбурди он қарор дорад.
4. Гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда бо шахсоне, ки дар муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ нигоҳ дошта мешаванд, бо розигии шахси мансабдор ё мақомоте, ки парвандаи ҷиноятӣ дар пешбурди он қарор дорад, мукотиба мекунанд
5. Мактубе, ки ба номи гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда омада мерасад, ҳамчунин мактубҳои фиристодашавандаи онҳо аз ҷониби маъмурияти ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан на дертар аз се рӯзи корӣ аз рӯзи ворид гардидани мактуб ба гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда супорида мешавад. Ҳангоми зарурати тарҷумаи мактуб ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳлати супурдани мактуб ба мӯҳлате, ки барои тарҷумаи он лозим мебошад, тамдид карда мешавад.
6. Хабари марг ё бемории вазнини хешовандони наздики гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда ба онҳо баробари расиданаш, бетаъхир расонида мешавад.
7. Мактубе, ки ба номи гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда баъд аз рафтани онҳо аз ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан омада мерасад, дар мӯҳлати на дертар аз се рӯзи корӣ (ба истиснои рӯзҳои ид ва истироҳат) баъд аз омада расидани мактуб ба гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда фиристода мешавад.
Моддаи 21. Фиристодани таклиф ва арзу шикоят
1. Таклиф ва арзу шикояти гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба воситаи маъмурияти ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан фиристода мешаванд.
2. Таклиф ва арзу шикояти гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда ба суд, прокуратура, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дигар мақомоте, ки барои назорати ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда ҳуқуқ доранд, сензура карда намешаванд ва на дертар аз рӯзи дигари корӣ аз лаҳзаи супурдани таклиф ва арзу шикоят ба мақомоти дахлдор дар лифофаи сарбаста фиристода мешаванд (ЌЉТ аз 15.03.2016 с., №1282).
3. Таклиф ва арзу шикояте, ки ба дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, инчунин ҳимоятгар ирсол гардидаанд аз тарафи маъмурияти ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан баррасӣ шуда, вобаста ба мансубият на дертар аз се рӯзи корӣ (ба истиснои рӯзҳои ид ва истироҳат) аз лаҳзаи супоридани онҳо фиристода мешаванд.
4. Нисбат ба таклиф ва арзу шикояте, ки барои муқаррар намудани ҳақиқат аз рӯи парвандаи ҷиноятӣ монеагӣ мекунанд ё барои содир намудани ҷиноят мусоидат менамоянд ва бо рамз навишта шудаанду дорои маълумоти сирри давлатӣ ё дигар маълумоти бо қонун ҳифзшаванда мебошанд, тартиби муқаррарнамудаи қисми 3 моддаи 20 Қонуни мазкур татбиқ карда мешавад.
5. Шикоят аз болои амалҳо ва қарорҳои суд, прокурор, муфаттиш ё таҳқиқбаранда, бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз се рӯз баъд аз супоридани он фиристода мешавад.
6. Ҷавобҳои таклиф ва арзу шикоят ба гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда бо гирифтани забонхат эълон карда шуда, ба парвандаи шахсиашон замима карда мешаванд. Бо хоҳиши гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда маъмурияти ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан нусхаи ҷавобҳои ба арзу шикояташон омадаро тайёр намуда, ба онҳо медиҳад.
7. Ба ҳар шакл таъқиб намудани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандае, ки бо сабаби риоя нагардидани ҳуқуқу манфиатҳои қонуниашон бо таклиф ва арзу шикоят муроҷиат намудаанд, роҳ дода намешавад. Шахсони мансабдори ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан, ки ба чунин таъқиб роҳ додаанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 22. Таъминот бо хӯроки ройгон
Гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда аз рӯи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хӯроки ройгон, ки барои нигоҳ доштани саломатӣ ва тавоноӣ кифоят мекунад, таъмин карда мешаванд.
Моддаи 23. Таъминоти моддию маишӣ
1. Ба гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда шароити маишие муҳайё карда мешавад, ки ба талаботи беҳдоштӣ, санитарӣ ва бехатарӣ аз сӯхтор ҷавобгӯй бошад.
2. Ба гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда ҷои алоҳидаи хоб, лавозимоти хоб (бистар) ва лавозимоти хӯрокхӯрии ройгон таъмин карда мешаванд. Ба онҳо имконият дода мешавад, ки вобаста ба мавсим бо дарназардошти синну сол, ҷинс ва шароити иқлим бо сару либос, либоси таг ва пойафзол таъмин бошанд.
3. Ҳамаи камераҳо бо радио ва аз рӯи имконият бо телевизор, яхдон ва бодкаш (вентилятор) таҷҳизонида мешаванд. Дар камераҳо китобҳо ва рӯзномаю маҷаллаҳое, ки дар китобхонаи ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан мавҷуданд ё ба воситаи маъмурияти ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан аз шабакаҳои савдо харидорӣ карда шудаанд, инчунин бозиҳои рӯимизӣ дода мешаванд.
4. Меъёри масоҳати санитарӣ дар камераҳо барои як нафар ба андозаи чор метри мураббаъ муқаррар карда мешавад.
Моддаи 24. Таъминоти тиббию санитарӣ
1. Корҳои муолиҷавию пешгирӣ ва санитарию эпидемиологӣ дар ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан мутобиқи қонунгузории ҳифзи саломатии аҳолӣ гузаронида мешаванд. Маъмурияти ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан ӯҳдадоранд, ки талаботи санитарию беҳдоштиро, ки ҳифзи саломатии гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандаро таъмин менамоянд, иҷро намоянд.
2. Тартиби ба гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда расонидани ёрии тиббӣ, аз ҷумла ёрии равонпизишкӣ, инчунин тартиби дар муассисаҳои тиббӣ ҷой намудани онҳо ва ба хизматрасонии онҳо ҷалб кардани кормандони ин муассисаҳо аз тарафи мақомоти тандурустӣ, адлия ва амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
3. Дар сурати бад шудани саломатӣ ё ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда, онҳоро кормандони тиббии ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан бетаъхир ташхису муоина мекунанд. Натиҷаи ташхису муоинаи тиббӣ бо тартиби муқарраргардида қайд карда шуда, ба маълумоти гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда расонида мешавад. Бо хоҳиши гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда ё ҳимоятгари онҳо нусхаи хулосаи ташхису муоинаи тиббӣ ба онҳо дода мешавад. Ташхису муоинаи гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда бо қарори сардорони ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан ё бо қарори шахси мансабдор ё мақомоте, ки парвандаи ҷиноятӣ дар пешбурди он қарор дорад ё бо дархости худи гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда ё ин ки бо талаби ҳимоятгари онҳо аз ҷониби кормандони муассисаҳои тиббии дигар гузаронида мешавад. Дар ҳолати рад кардани гузаронидани чунин ташхису муоина ба прокурори назораткунанда шикоят кардан мумкин аст.
4. Агар гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда бемори вазнин шаванд ё фавтанд, он гоҳ маъмурияти ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан бетаъхир дар ин хусус ба прокурор ва хешовандони онҳо хабар медиҳад. Ҷасади гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда баъд аз таҳқиқи паталого - анатомӣ ва иҷрои амалҳои пешбининамудаи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хешовандони наздики ҷасадро талабкарда супорида мешавад. Ҷасади гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандае, ки онро ҳеҷ кас талаб накардааст, аз ҳисоби давлат дар ҷойҳои муқарраргардида дафн карда мешавад.
Моддаи 25. Гирифтани фиристаю дастовез ва маблағҳои пулӣ
1. Ба гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда иҷозат дода мешавад, ки ба миқдори бемаҳдуд фиристаю дастовез қабул кунанд, ки дар ин ҳол вазни онҳо набояд аз меъёри пешбининамудаи қоидаҳои почта зиёд бошад.
2. Маблағҳои пулие, ки ба унвони гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда дар ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан омада мерасанд, ба суратҳисоби онҳо гузаронида мешаванд. Гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда метавонанд бо розигии маъмурияти ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан аз ҳисобашон ба хешовандон ва дигар шахсон маблағҳои пулӣ интиқол намоянд.
3. Дар ҳолатҳое, ки имконияти бо доруворӣ таъмин намудани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда мавҷуд нест, маъмурияти ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан аз рӯи хулосаи духтур барои онҳо доруворӣ қабул мекунад.
4. Чизу чора, мавод ва озуқавориеро, ки барои ҳаёт ва саломатии одамон хатарноканд ё онҳоро ҳамчун олоти ҷиноят ё барои монеъ шудани мақсади дар ҳабс нигоҳ доштан истифода бурдан мумкин аст, ба гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда додан манъ аст.
5. Зимни азназаргузаронӣ пинҳон доштани чизу чора, мавод ва озуқаворие, ки нигоҳ доштан ва истифода намуданашон манъ карда шудааст ё ба гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда додани онҳо, инчунин ба онҳо бархилофи қоидаҳои муқарраргардида додани ҳар гуна чизу чора, мавод ва озуқаворӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарӣ мегардад.
Моддаи 26. Хизматрасониҳои иловагии пулакӣ
Маъмурияти ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан дар сурати муҳайё будани шароити муносиб ба гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда хизматрасониҳои иловагии пулакии маишӣ ва тиббию санитариро таъмин менамояд, ки номгӯй ва тартиби расонидани онҳо бо Қоидаҳои тартиботи дохилӣ муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 27. Ҷалб кардани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда ба меҳнат
1. Дар сурати мавҷуд будани шароити муносиб, бо хоҳиши гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда онҳо дар ҳудуди изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) тафтишотӣ ва маҳбасҳо ба меҳнат ҷалб карда мешаванд. Шароити меҳнати гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда бояд ба талаботи бехатарӣ, санитарӣ ва гигиенӣ ҷавобгӯй бошад.
2. Гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда ҳуқуқ доранд, ки барои меҳнати худ музди сазовор гиранд. Музди меҳнати гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда пас аз нигоҳ доштани маблағи муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба суратҳисобашон гузаронида мешавад.
3. Бо мақсади ба меҳнат ҷалб намудани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) тафтишотӣ метавонанд фаъолияти истеҳсолии худро бо тартиби пешбининамудаи қонунгузорӣ ба роҳ монанд. Даромад аз фаъолияти истеҳсолии гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда дар изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) тафтишотӣ баъд аз супоридани пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷетҳои дахлдор барои беҳтар кардани шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда, инчунин ба инкишофи соҳаи иҷтимоии изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) тафтишотӣ истифода бурда мешавад.
Моддаи 28. Таъмини иштироки гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда дар амалҳои тафтишӣ ва мурофиаи судӣ
1. Маъмурияти ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан бо супориши суд, прокурор, муфаттиш ё таҳқиқбаранда, иҷрои корҳои зеринро таъмин менамояд:
- қабули гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда ба ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан ва супоридани онҳо ба посбонон барои фиристодан ба ҷои таъиншуда;
- пешниҳод кардани биноҳои таҷҳизонидашуда дар ҳудуди ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан барои гузаронидани амалҳои тафтишӣ ва ташхиси судиву равонпизишкӣ ва дигар ташхисҳо.
2. Озод намудани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда аз иштирок дар амалҳои тафтишӣ ва мурофиаи судӣ бо асосҳои пешбининамудаи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Моддаи 29. Иштироки гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда дар аҳдҳои ҳуқуқии гражданӣ
Гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда ҳуқуқ доранд, ки бо розигии шахси мансабдор ё мақоме, ки парвандаи ҷиноятӣ дар пешбурди он қарор дорад ва бо тартиби муқаррарнамудаи Қоидаҳои тартиботи дохилӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аҳдҳои ҳуқуқии гражданӣ бевосита ё тавассути намояндаи худ иштирок намоянд.
Моддаи 30. Ӯҳдадориҳои асосии гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда
1. Гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда ӯҳдадор мебошанд:
- тартиботи дар ҳабс нигоҳ доштанро, ки бо Қонуни мазкур ва Қоидаҳои тартиботи дохилӣ муқаррар карда шудаанд, риоя намоянд;
- талаботи беҳдоштӣ ва санитарӣ, қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро риоя кунанд;
- ба молу мулки ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан эҳтиёткорона муносибат кунанд;
- камераҳо, биноҳо ва дигар ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштанро бо тартиби навбат тоза кунанд;
- амалҳои пасткунандаи шаъну шарафи кормандони ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан, гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда, инчунин дигар шахсонро содир накунанд;
- ба кормандони ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан, инчунин ба дигар шахсон, ки тартиботи дохилии дар ҳабс нигоҳ доштанро таъмин мекунанд, дар иҷрои ӯҳдадориҳои хизматиашон монеъ нашаванд;
- кирдорҳои барқасдонаро, ки ба ҳаёт ва саломатии худ, инчунин ба ҳаёт ва саломатии дигарон таҳдид менамоянд, содир накунанд.
2. Ба гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда бо худ доштан ва истифода кардани чизу чора, мавод ва озуқаворие, ки нигоҳдорӣ ва истифодаи онҳо мутобиқи қисми 4 моддаи 25 Қонуни мазкур иҷозат дода нашудааст, манъ аст.
БОБИ 3. ХУСУСИЯТҲОИ ДАР ҲАБС НИГОҲ ДОШТАНИ ЗАНОН ВА НОБОЛИҒОН
Моддаи 31. Хусусиятҳои дар ҳабс нигоҳ доштани занон
1. Занҳои гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда дар ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан бо худ фарзандони то сесоларо нигоҳ дошта метавонанд.
2. Дар ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан барои занони ҳомила ва заноне, ки бо худ фарзандонашонро нигоҳ медоранд, шароити беҳтари моддию маишӣ, хизматрасонии махсуси тиббӣ ва меъёри барзиёди озуқаворӣ ва таъминоти ашёӣ ташкил карда мешавад, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
3. Ба давомнокии гаштугузори ҳаррӯзаи занони ҳомила ва заноне, ки бо худ фарзандонашонро нигоҳ медоранд, маҳдудият гузошта намешавад.
4. Нисбати занони ҳомила ва заноне, ки бо худ фарзандонашонро нигоҳ медоранд, мумкин нест, ки ҷойгиркунӣ дар карсер ҳамчун чораи ҷазо истифода карда шавад.
5. Дар ҳолатҳои зарурӣ маъмурияти ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун метавонад дар бораи муваққатан ба хешовандони наздик ё ин ки, ба муассисаҳои бачагона додани кӯдак ба мақомоти дахлдор дархост пешниҳод намояд.
Моддаи 32. Хусусиятҳои дар ҳабс нигоҳ доштани ноболиғон
1. Дар ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан барои гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандаи ноболиғ шароити беҳтари моддию маишӣ муҳайё карда шуда, хизматрасонии махсуси тиббӣ ва меъёри барзиёди озуқаворӣ ва таъминоти ашёӣ, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст, ташкил карда мешавад.
2. Давомнокии гаштугузори ҳаррӯзаи гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандаи ноболиғ на камтар аз ду соат муқаррар мегардад. Ҳангоми гаштугузори ҳаррӯза ба ноболиғон имконият дода мешавад, ки ба варзиш ва машқҳои ҷисмонӣ машғул шаванд.
3. Дар сурати мавҷудияти шароит, барои гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандаи ноболиғ кинофилмҳо намоиш дода мешаванд, тамошои шабакаҳои телевизионӣ ташкил карда шуда, барои машғулиятҳои варзишӣ биноҳо ва майдончаҳои варзишӣ дар ҳавои кушод таҷҳизонида мешаванд.
4. Барои гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандаи ноболиғ аз рӯи имконият шароити гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ муҳайё карда шуда, бо онҳо чорабиниҳои тарбиявӣ гузаронида мешаванд.
5. Ба гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандаи ноболиғ харидан ва гирифтани (аз ҷумла ба воситаи фириста ё дастовез) китобҳои дарсӣ ва лавозимоти хатнависии мактабӣ иҷозат дода мешавад.
6. Ҳангоми ворид гардидани муроҷиат оид ба истифодаи шиканҷа нисбат ба ноболиғ, аз ҷониби на кам аз се корманди тиббие, ки дар тобеияти муассисаи ҷойи нигоҳдории гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандаи ноболиғ нестанд, ҷиҳати муайян намудани даараҷаи ҷароҳати ҷисмонӣ, нишонаҳои зӯроварӣ, истифодаи шиканҷа ва муносибатҳои бераҳмона муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаронида мешавад. (ҚҶТ аз 02.01.20 с., №1665)
БОБИ 4. ТАЪМИНИ НИГОҲДОРИИ АЛОҲИДА ВА ПЕШГИРИИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНӢ
ДАР ҶОЙҲОИ ДАР ҲАБС НИГОҲ ДОШТАН
Моддаи 33. Талаботи асосӣ дар таъмини нигоҳдории алоҳида
1. Гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда дар камераҳои умумӣ ё якнафара мутобиқи талаботи нигоҳдории алоҳида, ки дар моддаи 34 Қонуни мазкур пешбинӣ шудааст, нигоҳ дошта мешаванд.
2. Ҷойгир кардани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда дар камераҳои якнафара ба мӯҳлати бештар аз як шабонарӯз дар асоси қарори далелноки сардори ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан бо розигии прокурор сурат мегирад. Розигии прокурор ба ҷойгир кардани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда дар камераҳои якнафара дар ҳолатҳои зерин талаб карда намешавад:
- ҳангоми мавҷуд набудани дигар имконияти таъмини риояи талаботи ҷойгиронии алоҳида, ки дар моддаи 34 Қонуни мазкур пешбинӣ шудааст;
- барои манфиати таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда ё дигар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон ва судшавандагон;
- ҳангоми мавҷуд будани аризаи хаттии гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда оид ба нигоҳдории ӯ дар камераи якнафара;
- ҳангоми ҷойгиронии гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда шабона дар камераҳои якнафара, агар рӯзона онҳо дар камераи умумӣ нигоҳ дошта шаванд.
3. Гуфтугӯ, додани ягон чизу чора ё мукотибаи гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда бо гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандае, ки дар дигар камераҳо ё биноҳои ҷойҳои нигоҳдорӣ дар ҳабс нигоҳ дошта мешаванд, манъ аст.
4. Гуфтугӯ, додани ягон чизу чора ва мукотибаи гумонбаршаванда, айбдоршаванда ва судшаванда бо шахсоне, ки дар озодианд, мутобиқи талаботи Қонуни мазкур сурат мегирад.
5. Талаботи асосии нигоҳдории алоҳида бояд ҳангоми ҷойивазкунии гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда берун аз ҳудуди ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан риоя карда шавад.
Моддаи 34. Ҷойгиронии алоҳида дар камераҳо
1. Ҷойгиронии гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда дар камераҳо бо назардошти шахсият ва мутобиқати психологӣ сурат мегирад. Тамокукашон аз рӯи имконият аз шахсоне, ки тамоку намекашанд алоҳида нигоҳ дошта мешаванд.
2. Ҳангоми ҷойгиронии гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда, инчунин маҳкумшудагон дар камераҳо риояи талаботи зерин ҳатмист:
1) алоҳида нигоҳ дошта мешаванд:
- мардон аз занон;
- ноболиғон аз калонсолон (ҚҶТ аз 02.01.20 с., №1665);
- шахсоне, ки бори аввал ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд аз шахсоне, ки пештар дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ нигоҳ дошта шудаанд;
- гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда аз маҳкумшудае, ки ҳукм нисбати онҳо ба эътибори қонунӣ даромадааст;
- гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда аз рӯи як парвандаи ҷиноятӣ;
2) аз дигар гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда ҷудо нигоҳ дошта мешаванд:
- гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда дар содир намудани ҷиноятҳои махсусан вазнин ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлатӣ;
- гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда дар содир намудани ҷиноятҳои зерини дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда: бандитизм, кирдорҳое, ки кори ҷойҳои маҳрумият аз озодиро номураттаб месозанд, роҳзанӣ, ғоратгарӣ бо ҳолатҳои вазнинкунанда, одамкушӣ, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, таҷовуз ба номус, ғасби гаравгон, тамаъҷӯӣ, терроризм;
- гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда дар ҳолати ретсидиви хавфнок;
- гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок;
- шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ҳангоми мавҷуд будани шароити дар алоҳидагӣ нигоҳ доштани онҳо аз дигар гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда;
- шахсоне, ки дар вазифаҳои судя, прокурор, ҳимоятгар, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, андоз, адлия, амнияти миллӣ, гумрук, назорати маводи нашъаовар, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, мудофиа ва хизматчиёни қӯшунҳои дохилии мақомоти корҳои дохилӣ буданд ё ҳастанд;
- бо қарори маъмурияти ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан ё бо қарори хаттии шахси мансабдор ё мақомоте, ки парвандаи ҷиноятӣ дар пешбурди онҳост, гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандае, ки ба ҳаёт ва саломатии онҳо аз тарафи дигар гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда хавф таҳдид мекунад;
- беморони касалиҳои сирояткунанда ё эҳтиёҷмандон ба нигоҳубин ва назорати махсуси тиббӣ.
Моддаи 35. Ҳифзи гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва назорат аз болои онҳо
1. Гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда дар ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан таҳти нигоҳубин ва зери назорат қарор доранд ва дар ҳудуди ин ҷойҳо зери назорати посбонон ё кормандони ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан ҳаракат мекунанд. Бо мақсади анҷом додани назорат, мумкин аст аудио ва видеотехника истифода бурда шавад.
2. Гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда мавриди кофтукови шахсӣ, дактилоскопия ва аксбардорӣ қарор дода мешаванд. Биное, ки онҳо ҷойгир карда мешаванд, таҳти кофтуков қарор гирифта, ашё, дастовезҳо ва фиристаҳои онҳо аз назар гузаронида мешаванд.
3. Пулҳое, ки дар ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан ёфт мешаванд, ба суратҳисоби соҳиби он гузаронида мешаванд, коғазҳои қиматнок ва ашёи қиматбаҳо барои маҳфуз доштан супорида мешаванд.
4. Чизу чора, ашё ва маводи хӯрокаи манъшуда, ки аз гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда мусодира шудаанд, барои маҳфуз доштан супорида мешаванд ё бо қарори асосноки сардори ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан нобуд карда мешаванд ва дар ин бора санади дахлдор тартиб дода мешавад.
5. Назорат ҳангоми коркарди санитарӣ ва кофтукови шахсии гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда аз тарафи кормандони ҳамҷинси ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан сурат мегирад.
6. Дар ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан бо мақсади ошкор кардан, огоҳ сохтан, пешгирӣ намудан ва кушодани ҷиноят чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонун гузаронида мешаванд.
7. Ҳангоми мавҷуд будани асосҳои кофӣ барои гумон бурдан ба кӯшиши овардани чизу чора, ашё ва маводи хӯрокаи манъшуда, кормандони ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан ҳуқуқ доранд, ки ҳангоми ба ҳудуди ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан даромадан ва баромаданашон ашё ва либоси гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда, инчунин нақлиёти воридшаванда ва хориҷшавандаро аз назар гузаронанд, чизу чора, ашё ва маводи хӯрокаи барои нигоҳдорӣ ва истифода манъшудаи онҳоро мусодира кунанд. Ашё ва либоси шахсоне, ки парвандаҳои ҷиноятии гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда дар пешбурди онҳост ва онҳое, ки ҳуқуқи назорати ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштанро доранд, аз назар гузаронида намешаванд.
Моддаи 36. Таъмини талаботи низом дар ҳудуде, ки ба ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан ҳамшафатанд
Дар ҳудуде, ки бевосита ба изолятори (тавқифгоҳи) нигоҳдории муваққатӣ ва изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотӣ ҳамшафатанд ва ҳудуди онҳо аз тарафи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян мегардад, бо пешниҳоди мақомоти адлия ва амнияти миллӣ талаботи низомӣ муқаррар шуда метавонад.
Моддаи 37. Чораҳои ҳавасмандкунӣ ва тартиби татбиқи онҳо
1. Барои иҷрои намунавии ӯҳдадориҳо, риояи тартиботи муқарраршуда дар ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан нисбати гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда аз тарафи сардори ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан ё муовини вай чораҳои ҳавасмандгардонии зерин татбиқ карда мешаванд:
- пеш аз мӯҳлат бардоштани муҷозоти қаблан гузошташуда;
- мукофотпулӣ барои нишондоди хуби корӣ;
- ба гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандаи ноболиғ намоиши иловагии филм, иҷозат ба истифодаи иловагӣ аз бинои машғулиятҳои варзишӣ, инчунин дигар шаклҳои истироҳат.
2. Мукофотонӣ барои нишондодҳои хуби меҳнатӣ аз ҳисоби даромад аз меҳнати гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда сурат мегирад.
3. Мукофоти пулӣ ба суратҳисоби гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда гузаронида мешавад.
Моддаи 38. Чораҳои муҷозотӣ
Барои иҷро накардани ӯҳдадориҳои муқарраршуда нисбати гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда чораҳои муҷозотии зерин татбиқ карда мешаванд:
- танбеҳ;
- ҷойгир кардан дар карсер ё камераи якнафара, дар гауптвахта ба мӯҳлати то понздаҳ шабонарӯз, ба истиснои гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандаи ноболиғ. (ҚҶТ аз 02.01.20 с., №1665)
Моддаи 39. Тартиби татбиқи чораҳои муҷозотӣ
1. Муҷозот барои вайрон кардани тартиботи нигоҳдорӣ дар ҳабс аз ҷониби сардори ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан ё муовини ӯ, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қисми 3 моддаи 40 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, таъин карда мешавад. Барои як кирдор ба шахси гунаҳгор як муҷозот таъин карда мешавад.
2. Муҷозот бо дарназардошти ҳолатҳои содир шудани кирдор ва рафтори гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда таъин карда мешавад. Муҷозот дар давоми на дертар аз даҳ шабонарӯз аз рӯзи маълум шудани кирдор таъин карда мешавад, агар вобаста ба ин кирдор тафтиш гузаронида шавад, пас аз рӯзи тамомшавии он, аммо на дертар аз ду моҳи аз рӯзи содир шудани кирдор муҷозот татбиқ карда мешавад. Муҷозот ҳамчун қоида фавран татбиқ карда мешавад, аммо дар ҳолати имконнопазир будани татбиқи фаврии муҷозот, он на дертар аз як моҳи таъини муҷозот татбиқ мегардад.
3. То таъини муҷозот аз гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда баёноти хаттӣ гирифта мешавад, дар ҳолати саркашӣ намудан аз додани баёнот, дар ин бора санади дахлдор тартиб дода мешавад.
4. Муҷозот дар намуди танбеҳ дар шакли шифоҳӣ ё хаттӣ, дигар муҷозотҳо дар шакли хаттӣ таъин карда мешаванд.
5. Гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда ҳуқуқ доранд барои муҷозоти гирифтаашон ба шахси мансабдори мақомоти болоӣ, прокурор ё суд шикоят намоянд. Шикоят иҷрои муҷозотро боз намедорад.
Моддаи 40. Нигоҳдорӣ дар карсер
1. Гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандаро мумкин аст ба камераи якнафара ё карсер дар ҳолатҳои зерин ҷойгир кунанд:
- барои ба танг овардан ё таҳқир кардани дигар гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда;
- барои ҳамла ба кормандони ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан ё дигар шахсон, барои итоат накардан ба талаботи қонунии кормандони ҷойҳои нигоҳдорӣ дар ҳабс ё дигар шахсон ё барои таҳқири онҳо;
- барои вайронкунии чандкаратаи қоидаҳои изолятсия;
- барои нигоҳдорӣ, тайёр кардан ва истифодаи дигар ашё, моддаҳо ва озуқаворие, ки нигоҳдорӣ ва истифодаи онҳо манъ аст;
- барои иштирок дар қиморбозӣ;
- барои авбошиҳои майда.
2. Муҷозот дар намуди ба карсер ҷойгир кардан, инчунин нисбати гумонбаршуда, айбдоршаванда а судшавандае, ки ба онҳо қаблан ду ё бештар муҷозоти интизомӣ тибқи моддаи 38 Қонуни мазкур татбиқ шудааст, истифода шуда метавонад.
3. Ҷойгир кардан дар карсер дар асоси қарори сардори ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан ва хулосаи корманди тиб дар бораи имконпазирии дар карсер будани гумонбаршаванда, айбдоршаванда ва судшаванда сурат мегирад.
4. Гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда дар карсер танҳо нигоҳ дошта мешавад. Дар карсер гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда бо ҷои хоби алоҳида ва лавозимоти хоб (бистар) танҳо дар вақти хоб барои соатҳои муқаррарӣ таъмин карда мешаванд. Дар давраи нигоҳдорӣ дар карсер ба гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда мукотиба, мулоқот, ғайр аз мулоқот бо ҳимоятгар, инчунин харидани озуқаворӣ, маводи мавриди ниёз, гирифтани фириста ва дастовезҳо, истифода аз бозиҳои рӯимизӣ, китобҳо, рӯзномаю маҷаллаҳо, дигар адабиётҳо ва тамошои телевизор манъ аст. Фиристаю дастовезҳо ба гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда баъди тамомшавии мӯҳлати дар карсер будани онҳо супорида мешаванд. Гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандаи дар карсер буда ҳар рӯз аз сайру гашти давомнокиаш сӣ дақиқа истифода мебаранд.
5. Татбиқи дигар маҳдудиятҳое, ки дар моддаи мазкур пешбинӣ нашудаанд, нисбати гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандаи дар карсер нигоҳдошташаванда мумкин нест. Фиристодани таклиф, ариза ва шикояти онҳо бо тартиби дар моддаи 21 Қонуни мазкур пешбинишуда сурат мегирад.
6. Сардори ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан ҳуқуқ дорад, ки мӯҳлати иҷрои муҷозотро дар намуди ҷойгиронӣ дар карсер мавқуф гузорад, мӯҳлати дар карсер нигоҳ доштанро кам кунад ё гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандаро пеш аз мӯҳлат бо дарназардошти нишондодҳои тиббӣ ё бо дигар асосҳо аз карсер озод кунад.
7. Агар гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда дар давраи мавқуф гузоштани иҷрои муҷозот кирдори нав содир накунанд, онҳо метавонанд аз муҷозот озод карда шаванд.
Моддаи 41. Ҷавобгарии моддии гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда
1. Гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда, ки ҳангоми нигоҳ доштан дар ҳабс ба давлат зарар расонидаанд, дар ҳолатҳои зерин ба ҷавобгарии моддӣ кашида мешаванд:
- барои зарари дар рафти фаъолияти меҳнатӣ расондашуда, ба андозаи дар қонунгузории меҳнат пешбинишуда;
- барои зарари бо дигар амалҳо расондашуда, ба андозаи дар қонунгузории гражданӣ пешбинишуда.
2. Андозаи зарари моддӣ, ки ба давлат аз тарафи гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда расонида шудааст, бо қарори сардори ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан муайян карда мешавад.
3. Қарор ба гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда бо гирифтани забонхат эълон карда мешавад ва аз болои ин қарор ба шахси мансабдори мақомоти болоӣ, прокурор ё суд шикоят ардан мумкин аст.
4. Дар ҳолати саркашӣ кардан аз ихтиёран ҷуброн кардани зарари моддӣ, он мутобиқи қонун бо тартиби судӣ рӯёнида мешавад.
5. Маблағи барои зарари моддӣ нодуруст рӯёнидашуда ба гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда баргардонида мешавад ва он ба суратҳисоби ӯ гузаронида мешавад.
6. Бо хоҳиши гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда зарари моддии аз тарафи онҳо расонидашуда аз ҷониби хешовандони наздики онҳо ё дигар шахсон бо розигии онҳо ҷуброн шуда метавонад.
7. Дар сурати ба муассисаи ислоҳӣ фиристодани маҳкумшуда, зарари моддии ҷуброннашударо уассисаи мазкур аз ҳисоби маблағи ба суратҳисоби маҳкумшуда воридшаванда меситонад.
8. Дар сурати аз ҳабс озод шудани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда, зарари моддии ҷуброннакардаи онҳо мумкин аст бо қарори суд бо тартиби мурофиаи судии гражданӣ ситонида шавад.
9. Зарари моддие, ки ба гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда бо айби маъмурияти ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан расонида шудааст, мутобиқи қонун ситонида мешавад.
Моддаи 42. Чораҳое, ки ҳангоми аз хӯрокхӯрӣ саркашӣ кардан андешида мешаванд
1. Ҳангоми муқаррар кардани ҳолати аз хӯрокхӯрӣ саркашӣ кардани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда сардори ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан ё муовини вай вазифадоранд, ки сабабҳои хӯрок нахӯрданро маълум кунанд ва дар ин бора ба шахси мансабдор ё мақомоте, ки парвандаи ҷиноятӣ дар пешбурди онҳост, инчунин ба прокурори аз болои иҷрои қонунҳо дар ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан назораткунанда хабар диҳанд.
2. Дар ҳолати асоснокии сабабҳои аз хӯрокхӯрӣ саркашӣ кардани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда маъмурияти ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан чораҳои қонеъ гардонидани талаботи пешниҳодкардаи онҳоро меандешанд. Дар ҳолати набудани имконияти таъҷилан иҷро намудани талаботи гумонбаршаванда, айбдоршаванда ва судшаванда ба онҳо шарҳу баёни дахлдор дода шуда, чораҳои қонеъ гардонидани талабот андешида мешаванд.
3. Гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандае, ки аз хӯрокхӯрӣ саркашӣ мекунанд, аз рӯи имкон алоҳида аз дигар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон ва судшавандагон нигоҳ дошта мешаванд ва таҳти назорати корманди тиб қарор мегиранд.
4. Чораҳо, аз ҷумла чораҳои маҷбурии ба нигоҳдории саломатии гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандаи аз хӯрокхӯрӣ саркашикарда равонагардида, агар ба ҳаёти ӯ хатар таҳдид намояд, дар асоси хулосаи хаттии тиббӣ ва дар ҳузури корманди тиб татбиқ карда мешаванд.
5. Саркашӣ намудани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда аз хӯрокхӯрӣ ба этапкунӣ ё бо посбонон бурдани онҳо ба дигар ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан, инчунин иштироки онҳо дар амалҳои тафтишотӣ ва мурофиаҳои судӣ монеъ намешаванд. Ҳангоми зарурат, дар вақти этапкунӣ ё бо посбонон бурдани гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда корманди тиб онҳоро ҳамроҳӣ мекунад.
Моддаи 43. Истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус, силоҳи газнок ва оташфишон дар ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан
Истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус, силоҳи газнок ва оташфишон аз тарафи кормандони ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан ё кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки барои таъмини ҳифзи тартибот ҷалб шудаанд, танҳо дар асос ва ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур ва ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ дода мешавад.
Моддаи 44. Истифодаи қувваи ҷисмонӣ дар ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан
Қувваи ҷисмонӣ дар ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан нисбати гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда барои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ аз тарафи онҳо ё бартараф намудани аксуламали онҳо нисбати талаботи қонунии кормандони ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан, агар роҳҳои ғайризӯрӣ қатъи ҳуқуқвайронкунӣ ё иҷрои талаботи қонуниро таъмин карда натавонанд, мумкин аст истифода карда шавад.
Моддаи 45. Истифодаи воситаҳои махсус дар ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан
1. Истифодаи воситаҳои махсус дар ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан дар ҳолатҳои зерин мумкин аст:
- барои рафъи ҳамлаи гумонбаршаванда, айбдоршаванда ва судшаванда ба кормандони ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан ва дигар шахсон;
- барои пешгирии бетартибиҳои оммавӣ ё вайронкуниҳои гурӯҳии низоми муқарраршудаи игоҳдорӣ дар ҳабс;
- барои пешгирии амалҳои ғайриқонунии гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандае, ки ба талаботи қонунии кормандони ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан ё дигар кормандони мақомоти корҳои дохилии барои таъмини ҳифзи тартибот ҷалбшуда итоат намекунанд;
- барои озод кардани гаравгонҳо, биноҳо, иншоот ва воситаҳои нақлиёти ғасбшуда;
- барои пешгирии кӯшиши аз ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан ё аз зери назорати посбонон фирор кардан;
- барои пешгирии кӯшиши гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда ҷиҳати ба атрофиён зарар расонидан;
- барои пешгирии кӯшиши гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда ҷиҳати ба худ зарар расонидан.
2. Ба сифати воситаҳои махсус инҳо истифода шуда метавонанд:
- калтакҳои резинӣ, дар ҳолатҳои пешбининамудаи сархатҳои якум, дуюм, сеюм,чорум, панҷум ва шашуми қисми 1 моддаи мазкур;
- дастбандҳо, дар ҳолати пешбининамудаи сархатҳои сеюм, чорум, панҷум, ва шашум ва ҳафтуми қисми 1 моддаи мазкур, (ҳангоми мавҷуд набудани дастбандҳо кормандони ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан ҳуқуқ доранд, ки аз воситаҳои мавҷудаи бастани дар дасташон буда истифода баранд);
- воситаҳои рӯшаниандозу садобарори дорои хусусияти парешонкунанда, дар ҳолатҳои пешбининамудаи сархатҳои якум, дуюм, сеюм, чорум, ва шашуми қисми 1 моддаи мазкур;
- воситаҳои вайронкунандаи монеаҳо, дар ҳолатҳои пешбининамудаи сархати чоруми қисми 1 моддаи мазкур;
- обпошҳо ва зиреҳпӯшҳо, дар ҳолатҳои пешбининамудаи сархати дуюм ва чоруми қисми 1 моддаи мазкур;
- сагҳои хизматӣ, дар ҳолатҳои пешбининамудаи сархатҳои якум, дуюм, сеюм, чорум, панҷум ва шашуми қисми 1 моддаи мазкур.
Моддаи 46. Истифодаи силоҳи газнок дар ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан
Силоҳи газнок дар ҳолатҳои пешбининамудаи сархатҳои якум, дуюм, сеюм, чорум, панҷум ва шашуми моддаи 45 Қонуни мазкур мумкин аст истифода карда шавад.
Моддаи 47. Истифодаи силоҳи оташфишон дар ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан
Силоҳи оташфишон дар ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан дар ҳолатҳои зерин истифода бурда мешавад:
- барои ҳимоя аз ҳамлае, ки ба ҳаёт ё саломатии кормандони ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан, гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва дигар шахсон таҳдид мекунад;
- барои рафъи ҳамлаи гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда ба кормандони ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан, ҳамлаи дигар шахсон бо мақсади ба даст даровардани силоҳ;
- барои озод кардани шахсони ба гарав гирифташуда, биноҳо иншоот ва воситаҳои нақлиёти ғасбшуда;
- барои рафъи ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳ ба биноҳо, иншоот ва воситаҳои нақлиёти ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан;
- барои дастгир кардани шахсе, ки муқовимати мусаллаҳона мекунад, инчунин ҳангоми ногаҳон дучор омадан ба содир намудани ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин нисбат ба ҳаёт ва саломатии кормандони ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан ё дигар шахсон;
- барои пешгирӣ кардани кӯшиши фирори гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда аз ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан ё аз зери назорати посбонон;- барои дастгир кардани шахси
мусаллаҳ, ки аз иҷрои талаботи қонунии корманди ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан оид ба супоридани силоҳ саркашӣ мекунад;
- барои пешгирии кӯшиши зӯран озод намудани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда.
Моддаи 48. Низоми ҳолати махсус дар ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан
1. Дар ҳолатҳои офатҳои табиӣ, эпидемияҳо, эпизоотияҳо, сӯхтори калон, садамаи бузурги системаи таъминкунандаи ҳаёт, бетартибиҳои оммавӣ ё итоат накардани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда ё ин ки мавҷуд будани таҳдиди воқеии ҳуҷуми мусаллаҳона ба ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан, бо қарори мақомоти адлия, корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ, мудофиа, назорати маводи нашъаовар, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти онҳо бо розигии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан тартиботи низоми ҳолати махсус ба мӯҳлати на бештар аз сӣ шабонарӯз ҷорӣ карда мешавад.
2. Ҳангоми ҷорӣ кардани низоми ҳолати махсус ҳамаи чорабиниҳои бо иштироки гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда гузаронидашаванда маҳдуд ё боздошта шуда метавонанд, ҳифзи онҳо, низоми иҷозатӣ ва назоратии гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандае, ки дар ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан мебошанд, пурзӯр карда мешавад, қабули фиристаҳо ва дастовезҳо қатъ мегардад, инчунин дигар чораҳои пешбининамудаи қонун истифода мегардад.
3. Дар ҳолати ба амал омадани таҳдиди бевосита ба ҳаёт ва саломатии гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва дигар шахсон, сардорони ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан метавонанд чораҳои дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинишударо бо фавран огоҳонидани мақомоти адлия, корҳои дохилӣ, мудофиа, амнияти миллӣ, назорати маводи нашъаовар ва назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилона ҷорӣ намоянд.
4. Низоми ҳолати махсус дар ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан аз тарафи шахсони мансабдор ё мақомоте, ки аз тарафи онҳо ин тартибот ҷорӣ шуда буд ё аз тарафи мақомоти болоӣ ё шахси мансабдори болоӣ бекор карда мешавад.
БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 49. Асосҳои озод намудани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда аз ҳабс
Барои аз ҳабс озод намудани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда инҳо асос мешаванд:
- қарори судя ё таъиноти суд, ки бо тартиби пешбининамудаи қонун бароварда шудааст;
- қарори муфаттиш, мақомоти таҳқиқ ё прокурор;
- қарори сардори ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан ё прокурори назораткунанда аз болои қонунҳо дар ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан дар бораи озод кардани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда вобаста ба тамомшавии мӯҳлати бо қонун муқарраргардидаи нигоҳ доштан дар ҳабс.
Моддаи 50. Тартиби озод кардани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда аз ҳабс
1. Гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда аз ҳабс аз тарафи сардори ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан бо гирифтани қарори дахлдори суд ё қарори муфаттиш, мақоми таҳқиқот ё прокурор озод карда мешаванд.
2. Сардори ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан вазифадор аст, ки дар мӯҳлати на дертар аз бисту чор соати то ба охир расидани мӯҳлати нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда дар ҳабс, дар ин бора шахси мансабдор ё мақомоте, ки парвандаи ҷиноятӣ дар пешбурди он қарор дорад, инчунин прокурорро огоҳ намояд.
3. Агар баъд аз анҷоми мӯҳлати муқаррарнамудаи қонун оид ба дастгир намудан ё дар ҳабс нигоҳ доштан ҳамчун чораи пешгирӣ қарори дахлдор дар бораи озод кардани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда ё дар бораи дароз кардани мӯҳлати дар ҳабс нигоҳ доштан ҳамчун чораи пешгирӣ ё хабар оид ба чунин қарор ворид нагардад, сардори ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан ӯро бо қарори худ озод мекунад.
4. Ба гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандаи аз ҳабс озодкардашуда ҳуҷҷатҳои шахсӣ, чизу чора, пул, ки дар суратҳисоби онҳо маҳфуз аст, инчунин маълумотнома, ки дар он мӯҳлати дар ҳабс буданашон ва асосҳои озод шуданашон нишон дода шудааст, дода мешавад. Гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандаи аз ҳабс озодшуда аз тарафи маъмурияти ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан дар ҳолати зарурӣ бо чиптаи ройгон то ҷои истиқомат тариқи роҳи оҳан ё нақлиёти автомобилӣ, хӯрока, инчунин либоси мавсимӣ таъмин мегарданд. Дар ҳолати зарурат ба онҳо кӯмаки пулӣ расонида мешавад.
Моддаи 51. Назорати прокурорӣ
1. Назорат аз болои иҷрои қонунҳо дар ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои тобеи он амалӣ карда мешавад.
2. Маъмурияти ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда вазифадор аст, ки қарори прокурори дахлдорро оид ба тартиби нигоҳдорӣ дар ҳабс, ки бо Қонуни мазкур муқаррар шудааст, иҷро намояд.
Моддаи 52. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 53. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе,
28 июни соли 2011,
№ 720
Пинҳон кардан