ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1977 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1979 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ ЧЕНАКИ ЯГОНА Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.05.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1949 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСУНИЯТИ ЮРИСДИКСИОНИИ ДАВЛАТИ ХОРИҶӢ ВА МОЛИКИЯТИ ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олӣ 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon PDF Package icon ZIP

Сентябр 2020

-A A +A

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМ

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Сшб, 15/09/2020 - 15:00
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1655
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
02.01.2020
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМ
 
Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муқовимат ба экстремизмро бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
 
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ 
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- экстремизм - ифодаи мафкура ва фаъолияти экстремистие, ки барои бо роҳи зӯроварӣ ва амалҳои дигари зиддиқонунӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) равона карда шудааст;  
- фаъолияти экстремистӣ - фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ, воситаҳои ахбори омма ё ташкилотҳои дигар, аз ҷумла созмонҳои байналмилалӣ ва шахсони воқеӣ оид ба банақшагирӣ, ташкил, тайёр кардан ва иҷрои амалҳое, ки ба содир кардани фаъолияти экстремистӣ, ноустувор сохтани амнияти миллӣ ва қобилияти мудофиавии давлат, инчунин даъвати оммавӣ ҷиҳати бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимияти давлатӣ ё бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохтори конститутсионӣ ва ҳаракатҳое, ки ба барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ) равона шудаанд;
- маблағгузории экстремизм - бевосита ё бавосита пешниҳод намудан, ҷамъ овардани молу мулк ва воситаҳо бо мақсади пурра ё қисман истифода бурдани онҳо барои банақшагирӣ, ташкил ва содир кардани амалҳои экстремистӣ ва хусусияти экстремистидошта ва дастгирии фаъолияти экстремистӣ ё дарки он ки маблағҳои мазкур барои ин мақсадҳо муқаррар гардидааст;
- ташкилоти экстремистӣ - гурӯҳи муташаккили шахсон, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё ташкилоти дигаре, ки нисбати онҳо қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи суд дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ мавҷуд аст;
- маводи экстремистӣ - ҳуҷҷат ва иттилоот дар ҳама намуди ҳомилҳо, ки дорои мафкураи экстремизм ё даъваткунанда, сафедкунанда ё асосноккунандаи амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ мебошад;
- ҳуҷҷат - ҳомили моддие, ки дар он ҳама намуди иттилоот дар шакли матнҳои дастнавис ё чопӣ (варақаҳо, адабиёт, маҷалла, рӯзнома ва китобчаҳо), сабти овозӣ, тасвирӣ ё якҷоя (маводи аккосӣ, навори кино, видеороликҳо, сабти аудиою видео) сабт шуда, дорои маълумоти имкониятдиҳандаи ҳаммонандкунонии он мутобиқ ба мафкураи экстремизм ё даъваткунанда, сафедкунанда ё асосноккунандаи фаъолияти экстремистӣ мебошад;
- муқовимат ба экстремизм - фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шахсони мансабдори онҳо, инчунин шахсони дигари ҳуқуқӣ, ки ба ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти давлат, ошкор кардани сабабу шароити ба зуҳуроти экстремизм мусоидаткунанда, инчунин барои огоҳонӣ, ошкор, пешгирӣ, рафъ ва қатъ намудани фаъолияти экстремистӣ ва аз байн бурдани оқибатҳои он равона карда шудааст;
- ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта - кирдори (ҳаракат ё беҳаракатии) содиршудаи гунаҳгоронаи барои ҷамъият хавфноке, ки дар асоси хусуматҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, мафкуравӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) бо мақсади маҳдудияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, расондани зарар ба амнияти ҷамъиятӣ, асосҳои сохтори конститутсионӣ, инчунин ба сулҳу амнияти байналмилалӣ равона гардида, бо таҳдиди татбиқи ҷазо тибқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст;
- ҳуқуқвайронкунии маъмурии хусусияти экстремистидошта - кирдори (амал ё беамалии) зиддиҳуқуқӣ ва гунаҳкорона, ки дар асоси хусуматҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, мафкуравӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) содир шуда, барои он тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шудааст.
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  муқовимат ба экстремизм   
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба экстремизм ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.  
 
Моддаи 3. Фаъолияте, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон экстремистӣ ҳисобида мешавад
1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти экстремистӣ манъ мебошад.
2. Фаъолияте, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон экстремистӣ ҳисобида мешавад:
- бо зӯрӣ сарнагун кардан ва ё тағйир додани сохтори конститутсионӣ, вайрон ва халалдор кардани соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мусоидат кардан ба чунин кирдорҳо;
- барангехтани кинаю адовати нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, динӣ (мазҳабӣ) ва муноқишаҳои иҷтимоӣ, инчунин тарғиби махсусият ва бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин (мазҳаб), забон, мансубияти онҳо ба миллат, нажод ё маҳал ба таври оммавӣ ё бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё содир кардани ин ҳаракатҳо бо роҳи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он;
- амалҳое, ки ба ноустувор сохтани амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудаанд;
- амалҳое, ки ба ғасб ё аз худ кардани ваколатҳои ҳокимият равона шудаанд;
- ташкил кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ё иштирок дар онҳо;
- паст задани шаъну эътибори миллӣ;
- вайрон кардани ҳуқуқ, озодӣ, манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд вобаста ба мансубияташ ба гурӯҳи иҷтимоӣ, нажод, миллат, қавм, маҳал, дин (мазҳаб) ва забон ё муносибати ӯ ба дин;
- ҷалб намудан барои иштирок дар амалҳои экстремистӣ, инчунин омӯзондани мафкураи экстремистӣ; 
- монеъ шудан ё маҷбур кардан ба тағйир додани хусусияти фаъолияти қонунии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунӣ, комиссияҳои интихоботӣ, ташкилот, иттиҳодияҳои дигар  ва шахсони мансабдори онҳо;
- истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё ташкилоти дигари давлатӣ ва наздикони онҳо бо мақсади қасос гирифтан барои он амалҳое, ки бо иҷрои фаъолияти хизматӣ вобаста бошад ё ин ки хатари истифодаи зӯроварӣ вобаста ба ин асосҳо;
- ташвиқот ва ба намоиши оммавӣ гузоштани нишон, парчам ё рамзи дигари ташкилотҳои аз ҷониби суд экстремистӣ эътирофшуда;
 - даъвати оммавӣ барои иҷро намудани амалҳои экстремистӣ ё интишори маводи экстремистӣ, инчунин тайёр кардан ва нигоҳ доштани онҳо бо мақсади паҳн намудан;
- нашр ва (ё) паҳн кардани маводи чопӣ, аудиоӣ, видеоӣ ва маводи дигари дорои хусусияти экстремистӣ дар воситаи ахбори омма, шабакаи интернет, воситаи алоқаи барқӣ.
 
Моддаи 4. Принсипҳои муқовимат ба экстремизм
Муқовимат ба экстремизм ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- қонуният;
- риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин манфиатҳои қонунии ташкилотҳо;
- бартарияти таъмини амнияти давлат;
- бартарияти чораҳои пешгирикунандаи фаъолияти экстремистӣ;
- ба таври мунтазам, маҷмӯӣ ва мувозинавӣ ба роҳ мондани тадбирҳои сиёсӣ, иттилоотию ташвиқотӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, аз ҷумла ҳуқуқӣ – маъмурӣ, ҳуқуқӣ – ҷиноятӣ ва чораҳои дигари муқовимат ба экстремизм;
- ҳамкории давлат бо шаҳрвандон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, воситаҳои ахбори омма, созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилоту иттиҳодияҳои дигар дар муқовимат ба экстремизм;
- ногузирии ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ;
- мутобиқати чораҳои муқовимат ба экстремизм ба дараҷаи хавфнокии фаъолияти экстремистӣ.
Моддаи 5. Самтҳои асосии муқовимат ба экстремизм
Муқовимат ба экстремизм дар самтҳои асосии зерин амалӣ мегардад:
- андешидани чораҳои пешгирикунанда, ки барои огоҳонии паҳншавии мафкураи экстремизм ва фаъолияти экстремистӣ, аз ҷумла ошкор намудан ва бартарафсозии сабабу шароити ба онҳо мусоидаткунанда равона гардидааст;
- огоҳонӣ, ошкор, пешгирӣ, рафъ ва қатъ намудани фаъолияти экстремистӣ, инчунин ошкор ва тафтиш намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта;
- ҳамкории байналмилалӣ дар самти муқовимат ба экстремизм;
- ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти муқовимат ба экстремизм.
Моддаи 6. Вазифаҳои асосии муқовимат ба экстремизм 
Вазифаҳои асосии муқовимат ба экстремизм инҳоянд:
- ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти давлат;
- барҳам додани таҳдиди экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти экстремистӣ, бартарафсозии сабабу шароити ба онҳо мусоидаткунанда;
- татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба экстремизм;
- таҳия ва амалӣ намудани тадбирҳои маҷмӯӣ ва дурнамои  муқовимат ба экстремизм;
- таъмини уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм, аз ҷумла иштирок дар чорабиниҳои байналмилалӣ ва минтақавии муқовимат ба экстремизм;
- баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон тавассути ташвиқу тарғиб, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, гиромӣ доштани урфу одатҳои миллӣ, фарҳангӣ, ташаккули фазои таҳаммулнопазирӣ нисбат ба экстремизм;
- дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доштани қувваю воситаҳои таъмини мубориза бо экстремизм;
- муқовимат ба маблағгузории экстремизм;
- андешидани тадбирҳои иловагӣ дар маҳалҳои аз ҷиҳати паҳншавии мафкураи экстремизм нисбатан осебпазир.
 
БОБИ 2. АСОСҲОИ ИДОРАКУНИИ МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМ
 
Моддаи 7. Салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати давлатии муқовимат ба экстремизмро муайян менамояд. 
 
 Моддаи 8. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм дорои салоҳияти зерин мебошад:
- татбиқи сиёсати давлатиро дар самти муқовимат ба экстремизм роҳбарӣ менамояд;
- консепсия, стратегия, барномаи давлатӣ ва нақшаҳоро дар самти муқовимат ба экстремизм қабул ё тасдиқ намуда, иҷрои онҳоро назорат мекунад;
- санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар самти муқовимат ба экстремизм қабул ва тасдиқ менамояд;  
- маблағгузории чораҳои татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба экстремизмро таъмин мекунад;
- ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд.
 
Моддаи 9. Субъектҳои муқовимат ба экстремизм
Субъектҳои муқовимат ба экстремизм аз субъектҳои ба экстремизм бевосита муқовиматкунанда ва субъектҳое, ки дар муқовимат ба экстремизм иштирок менамоянд, иборат мебошанд.
Моддаи 10. Субъектҳои ба экстремизм бевосита муқовиматкунанда
Субъектҳои ба экстремизм бевосита муқовиматкунанда инҳо мебошанд:
- Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон; 
- Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи   Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Бонки миллии Тоҷикистон.
 
Моддаи 11. Ваколатҳои субъектҳои ба экстремизм бевосита муқовиматкунанда  
1. Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- фаъолияти субъектҳои муқовимат ба экстремизмро дар самти   ошкор ва пешгирии экстремизм ва рафъ намудани фаъолияти экстремистӣ ҳамоҳанг месозад;  
- бо тартиби муқарраргардида ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъи муқовимат ба экстремизм маълумот пешниҳод мекунад;
- лоиҳаҳои консепсия, стратегия ва барномаи давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар самти муқовимат ба экстремизм мувофиқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати қабул ва тасдиқ пешниҳод менамояд;
- ҷиҳати огоҳонӣ, ошкор, пешгирӣ, рафъ ва қатъ намудани фаъолияти экстремистӣ, инчунин муайян ва тафтиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта чораҳо меандешад;
- кӯшишҳои убури ғайриқонунии сарҳади давлатиро аз ҷониби аъзои ташкилоти экстремистӣ пешгирӣ менамояд;
- ғайриқонунӣ аз сарҳади давлатӣ гузарондани маводи экстремистӣ  ва ҳамчунин силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, маводи тарканда, моддаҳои заҳрнок ва радиоактивиеро, ки метавонанд дар фаъолияти экстремистӣ истифода гарданд, пешгирӣ мекунад; 
- иттилоотро оид ба самти муқовимат ба экстремизм ҷамъоварӣ, таҳлил ва ҷамъбаст менамояд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя ва амнияти шахсони дар муқовимат ба экстремизм ҳамкорикунандаро таъмин менамояд;
- ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд.
2. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- ҷиҳати ошкор, огоҳонӣ, пешгирӣ, рафъ ва қатъ намудан, инчунин муайян ва тафтиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта чораҳо меандешад;
- маълумотҳои омориро оид ба самти муқовимат ба экстремизм  ҷамъоварӣ, таҳлил ва коркард намуда, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта ва шахсони чунин ҷиноятҳо содирнамударо амалӣ менамояд;
- бо мақсади огоҳонӣ ва пешгирии амалҳои экстремистӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотиро ба роҳ мемонад; 
- бо тартиби аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида ҳимоя ва амнияти шахсони дар муқовимат ба экстремизм ҳамкорикунандаро таъмин менамояд;
- ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд.
3. Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм дорои ваколатҳои зерин мебошад: 
- фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар самти таҳқиқ ва тафтиши ҷиноятҳои вобаста ба экстремизм ҳамоҳанг менамояд;
- риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар самти муқовимат ба экстремизм назорат ва барои бартарафсозии қонунвайронкуниҳо дар ин самт ҳуҷҷатҳои мавриди эътиноии прокурорӣ қабул менамояд; 
- барои огоҳонӣ, ошкор, пешгирӣ, рафъ ва қатъ намудани фаъолияти экстремистӣ тадбирҳо меандешад ва тафтиши пешакии ҷиноятҳои хусусияти экстремистидоштаро анҷом медиҳад;
- дар судҳо айбдоркунии давлатиро оид ба парвандаҳои ҷиноятии хусусияти экстремистидошта таъмин менамояд; 
- оид ба экстремистӣ эътироф намудани ташкилотҳо ба суд аризаҳо пешниҳод менамояд;
- дар самти муқовимат ба экстремизм ҳамкории байналмилалии ҳуқуқиро амалӣ менамояд;
- якҷо бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи байналмилалӣ ва ё аз тарафи кишварҳои хориҷӣ экстремистӣ эътироф намудани ташкилотҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон экстремистӣ эътироф шудаанд, чораҳои зарурӣ меандешад.
4. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- назорати риояи оинномаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсиро амалӣ менамояд ва дар сурати ошкор гардидани аломатҳои экстремизм огоҳии хаттӣ медиҳад, инчунин тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боздоштан ё қатъ намудани фаъолияташон чораҳо меандешад;
- оид ба ошкор, огоҳонӣ ва қатъ намудани фаъолияти экстремистӣ дар системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ чораҳо меандешад.
5. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм дорои ваколатҳои зерин мебошанд:
- ба фаъолияти экстремистӣ, ки ба амнияти давлат хатар дорад, муқовимат мекунанд;
- иттилоотро оид ба самти муқовимат ба экстремизм ҷамъоварӣ намуда, ба мақомоти амнияти миллӣ пешниҳод менамоянд;
- бо мақсади огоҳонӣ ва пешгирӣ намудани амалҳои экстремистӣ миёни хизматчиёни ҳарбӣ корҳои тарбиявӣ ва тарғиботиву ташвиқотиро ба роҳ мемонанд.
6. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- ҷиҳати ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти экстремистӣ, инчунин таҳқиқ ва тафтиши ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта чораҳо меандешад;
- иттилоотро оид ба самти муқовимат ба экстремизм ҷамъоварӣ намуда, ба мақомоти амнияти миллӣ пешниҳод менамояд.
7. Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- ҷиҳати ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти экстремистӣ, инчунин таҳқиқ ва тафтиши ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта чораҳо меандешад;
- иттилоотро оид ба самти муқовимат ба экстремизм ҷамъоварӣ намуда, ба мақомоти амнияти миллӣ пешниҳод менамояд.
8. Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- фаъолияти иттиҳодияҳои динии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунандаро омӯхта, таҳлил менамояд;
- фаъолияти иттиҳодияҳои диние, ки бе бақайдгирӣ амал менамоянд, ошкор ва огоҳ мекунад, масъалаҳои вайронкунии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»-ро баррасӣ намуда, огоҳӣ медиҳад ва оид ба қатъ ва манъ намудани фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ки Қонуни мазкурро вайрон кардаанд, ба суд ариза пешниҳод менамояд;
- масъалаҳои гирифтани таълимоти динӣ дар дохил ва хориҷи кишварро бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм ба танзим медарорад;
- чорабиниҳои иттилоотию таблиғотӣ, аз ҷумла экспертизаи давлатии диншиносӣ мегузаронад.
9. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- масъалаи тарбияи ҷавонон, аз ҷумла тарбия дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, иштироки онҳо дар рушди фарҳанги миллӣ ва забони давлатиро баррасӣ менамояд;
- тарғибу ташвиқи идеологияи экстремизмро дар байни ҷавонон пешгирӣ мекунад;
- таъмини иштироки ҷавонон дар рушди ҷомеа ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ, инчунин ба ҳаёти ҷомеа фаъолона ҷалб намудани онҳоро таъмин менамояд.
10. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқовимат ба экстремизмро ба воситаи пешгирии аз сарҳади гумрукӣ гузарондани маводи экстремистӣ, силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, маводи тарканда, моддаҳои заҳрнок, инчунин адабиёт, варақа, маводи видео ва аудиоии мазмуни экстремистидошта амалӣ мегардонад. 
11. Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм дорои ваколатҳои зерин мебошад:   
- ҷиҳати таъмини амнияти иттилоотӣ тамоми шабакаҳои интернетӣ ва сомонаҳои иҷтимоиро таҳти назорат қарор медиҳад;
- дар сурати ошкор кардани маводи хусусияти экстремистидошта иттилооти мазкурро ба мақомоти амнияти миллӣ ва мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ вобаста ба салоҳияти онҳо пешниҳод менамояд:
- аз рӯи тамоми хизматрасониҳои алоқа тариқи шабакаи интернет, аз ҷумла сомонаҳои иҷтимоӣ мониторинг гузаронда, дар сурати зарурати пешгирӣ намудани фаъолияти экстремистӣ шабакаҳои зикршударо маҳдуд ё боз медорад;
- дар самти пешгирӣ намудани муқовимат ба экстремизм бо мақомоти дахлдори давлатӣ ҳамкорӣ менамояд;
- ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулода (амалиётҳои ҷангӣ, террористӣ, экстремистӣ ва офатҳои табиӣ), ки ба амнияти   давлат хатар доранд, барои истифодаи афзалиятнок, маҳдуд ва боз доштани тамоми хизматрасониҳои алоқаи барқӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва намудҳои дигари алоқа, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ҳуқуқ дорад;
- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии амаликунандаи фаъолияти хизматрасонии алоқа, аз ҷумла интернет-провайдерҳоро уҳдадор менамояд, ки нигоҳдории иттилооти хусусияти экстремистидоштаро дар муҳлати то 6 моҳ дар серверҳояшон таъмин намояд.
12. Бонки миллии Тоҷикистон татбиқи чорабиниҳо вобаста ба муқовимат ба маблағгузории экстремизмро ба роҳ мемонад.
13. Субъектҳое, ки дар доираи ваколатҳои худ ба экстремизм бевосита муқовимат мекунанд, дорои ваколатҳои зерин мебошанд:
- дар таҳия ва такмили лоиҳаҳои консепсия, стратегия, барномаҳои давлатӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти муқовимат ба экстремизм иштирок менамоянд;
- дар самти муқовимат ба экстремизм санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ қабул менамоянд;
- корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар роҳандозӣ менамоянд;
- ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавиро дар самти муқовимат ба экстремизм ба роҳ мемонанд;
- ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамоянд.
 
Моддаи 12. Субъектҳое, ки дар муқовимат ба экстремизм иштирок менамоянд
1. Субъектҳое, ки дар муқовимат ба экстремизм иштирок менамоянд, инҳо мебошанд:
- Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; 
- Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; 
- Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; 
- мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот.
2. Судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат ба экстремизм бо тартиби пешбининамудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ иштирок менамоянд.
 
Моддаи 13. Ваколатҳои субъектҳое, ки дар муқовимат ба экстремизм иштирок менамоянд
1. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот барномаҳои тарбиявӣ ва санадҳои меъёрии дар самти такмили маърифати ҳуқуқӣ қабулгардидаро бо мақсади расондани таъсир ба шуури наврасону ҷавонон ҷиҳати роҳ надодани ҷалби онҳо ба ташкилотҳои экстремистӣ ва риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
2. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- баҳисобгирии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷ ва бозгашт аз хориҷаро амалӣ менамояд;
 - дар якҷоягӣ бо намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа барои таъмини ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҷӯӣ  менамояд;
- дар байни муҳоҷирон дар дохил ва хориҷи кишвар корҳои иттилоотӣ ва фаҳмондадиҳиро барои пешгирӣ аз шомилшавии онҳо ба сафи созмонҳои экстремистӣ ба роҳ мемонад;
- фаъолияти ташкилотҳоро оид ба бакортаъминкунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар назорат мекунад;
- барои пешгирӣ ва бартарафсозии муҳоҷирати ғайриқонунӣ чорабиниҳоро татбиқ мекунад;
- масъалаҳои вобаста ба фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим ва назорат мекунад;
- дар ҳолати ошкор намудани вайронкунии қоидаҳои будубош аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо мавод таҳия карда, ба мақомоти дахлдори давлатӣ пешниҳод менамояд.  
3. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи ахбори омма бо мақсади роҳ надодани ташвиқу тарғиб ва дастгирии экстремизм ба риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват менамоянд, фазои таҳаммулгароӣ ва ҳамдигарфаҳмиро дар байни шаҳрвандон, новобаста аз мансубияти иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) фароҳам меоранд, инчунин дар доираи ваколатҳои худ дар самти мазкур чораҳои дигар меандешанд.
4. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм муносибатҳои ҳуқуқии байналмилалиро ба роҳ монда, дар якҷоягӣ бо субъектҳои ба экстремизм бевосита муқовиматкунанда ҷиҳати дар сатҳи байналмилалӣ ва ё аз тарафи давлатҳои хориҷӣ экстремистӣ эътироф намудани ташкилотҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон экстремистӣ эътироф шудаанд, чораҳои дахлдор меандешад.  
5. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ошкор, огоҳонӣ, пешгирӣ ва рафъ намудани фаъолияти экстремистӣ иштирок менамояд.
6. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни занон тарзи ҳаёти солимро ташвиқ менамояд,   омилҳои номатлуби экстремистиро миёни онҳо ва оила огоҳ ва пешгирӣ менамояд. 
7. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҷиҳати пешгирӣ намудани фаъолияти экстремистӣ дар ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ чораҳо меандешанд, вазъи муҳити диниро дар маҳал меомӯзанд ва таҳлил мекунанд, чорабиниҳо ва корҳои тарғиботиро дар ҳудуди ба онҳо дахлдор ташкил менамоянд.
 
Моддаи 14. Уҳдадориҳо оид ба муқовимат ба экстремизм
1. Мақомоти давлатӣ, ки тибқи Қонуни мазкур ба рӯйхати субъектҳои ба экстремизм бевосита муқовиматкунанда ва субъектҳое, ки дар муқовимат ба экстремизм иштирок менамоянд, ҳамроҳ карда  нашудаанд, новобаста аз тобеияти идоравӣ, дар доираи ваколатҳои худ уҳдадоранд чораҳои муқовимат ба экстремизм равонагардидаро андешанд.
2. Шахсони мансабдор ва шаҳрвандон уҳдадоранд ба мақомоти прокуратура, амнияти миллӣ, корҳои дохилӣ ё субъектҳои дигари муқовимат ба экстремизм оид ба тамоми воқеаҳое, ки дар бораи тайёрӣ ба амалиёти хусусияти экстремистидошта шаҳодат медиҳанд, фавран хабар расонанд. 
 
Моддаи 15. Кафолати давлатӣ нисбати шахсоне, ки дар муқовимат ба экстремизм кумак мерасонанд
Давлат ҳимоя ва амнияти шахсонеро, ки дар муқовимат ба экстремизм кумак мекунанд, кафолат медиҳад. Иттилоот дар бораи чунин шахсон махфӣ буда, ошкор намудани он боиси ҷавобгарии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад. 
 
БОБИ 3. ЧОРАҲО ДАР САМТИ МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМ
 
Моддаи 16. Чораҳо оид ба пешгирии фаъолияти экстремистӣ
1. Бо мақсади пешгирии фаъолияти экстремистӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст:
- ташкил, бақайдгирӣ ва фаъолияти ташкилотҳои экстремистӣ ё ташкилотҳое, ки ба экстремизм мусоидат мекунанд;
- фаъолияте, ки ба тарғиби экстремизм алоқаманд аст, аз ҷумла дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр, нигоҳ доштан, воридот, ҳамлу нақл, табъу нашр ва паҳн кардани маводи экстремистӣ;
- созмон додан ва фаъолияти ташкилотҳо, воҳидҳои сохтории (филиалҳо, намояндагиҳои) ташкилотҳои хориҷӣ ё байналмилалӣ, ки мақсад ва амалҳояшон ба фаъолияти экстремистӣ алоқаманд аст; 
- истифодаи номи ташкилоти тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон экстремистӣ эътирофшуда дар номгузории ташкилотҳои нав таъсисёбанда;  
 - ворид шудан, баромадан ё гузаштани транзитӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд, ки дар фаъолияти экстремистӣ иштирок кардаанд, инчунин ба онҳо додани ҳуҷҷат барои иқомат;
- додани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар фаъолияти экстремистӣ иштирок намудаанд;
- гузарондани маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо, пикетгузориҳо ё чорабиниҳои дигари оммавӣ бо вайрон кардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон; 
- истифодаи шабакаҳои коммуникатсионии истифодаи умум, шабакаи интернет ва сомонаҳои иҷтимоӣ барои интишори даъватҳои экстремистӣ;
- кирдорҳои дигари барқасдона, ки ба фаъолияти экстремистӣ шароит фароҳам меоваранд.
2. Пешгирии фаъолияти экстремистӣ метавонад чораҳои дигарро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофнамуда пешбинӣ кардаанд, дар бар гирад.
 
Моддаи 17. Манъ ва ё маҳдуд кардани дастрасӣ ба иттилооти хусусияти экстремистидошта
1. Ҳангоми дар шабакаи интернет ва шабакаҳои дигари телекоммуникатсионӣ ошкор намудани тарғиби экстремизм, аз ҷумла иттилооте, ки ба бетартибиҳои оммавӣ, иштирок дар чорабиниҳои оммавӣ, ки ба вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ меорад, ба амалигардонии фаъолияти дигари экстремистӣ даъват мекунад, дастрасӣ ба чунин иттилоот фавран қатъ ё маҳдуд карда мешавад.
2. Қатъ ё маҳдуд кардани дастрасӣ ба иттилоот барои пешгирии таблиғоти экстремизм дар шабакаи интернет ва шабакаҳои дигари телекоммуникатсионӣ аз ҷониби Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъмин карда мешавад.   
Моддаи 18. Асосҳо, тартиби эътирофи ташкилоти экстремистӣ ва оқибатҳои он 
1. Асос барои ташкилоти экстремистӣ эътироф намудани гурӯҳҳо, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ ва ё ташкилоти дигар мавҷуд будани аломатҳои экстремизм дар фаъолияти онҳо мебошад.
2. Гурӯҳҳо, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ ва ё ташкилотҳои дигар метавонанд танҳо бо санади суд, ки дар асоси аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст,  экстремистӣ эътироф карда шаванд.
3. Субъектҳои ба экстремизм бевосита муқовиматкунанда ва субъектҳое, ки дар муқовимат ба экстремизм иштирок менамоянд, уҳдадоранд маводи аз фаъолияти экстремистии ин ё он гурӯҳҳо, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ ё ташкилотҳои дигар шаҳодатдиҳандаро ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
4. Гурӯҳҳо, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ ё ташкилотҳои дигаре, ки нисбати онҳо санади эътибори қонунӣ пайдокардаи суд дар бораи экстремистӣ эътироф намудани онҳо ва барҳам додан ё манъ намудани фаъолияташон бинобар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ мавҷуд мебошад, ҳамчун ташкилоти экстремистӣ эътироф мегарданд ва иштирок дар фаъолияти онҳо манъ аст.
5. Санади эътибори қонунӣ пайдокарда дар бораи барҳам додан ё манъ намудани фаъолияти гурӯҳҳо, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ ё ташкилоти дигар бинобар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ ҷиҳати ворид намудан ба рӯйхати ташкилотҳои экстремистӣ аз тарафи судҳо ба мақомоти амнияти миллӣ ирсол карда мешавад ва мундариҷаи он дар матбуоти даврии расмӣ нашр карда, дар сомонаи расмии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода мешавад. 
6. Молу мулки ташкилоте, ки фаъолияташ бо тартиби дар Қонуни мазкур пешбинишуда барҳам дода шудааст, баъд аз қонеъ намудани талаботи қарздорон (дар сурати иштирок надоштани онҳо дар фаъолияти экстремистӣ) ба фоидаи давлат гузаронда мешавад. Санад дар бораи ба фоидаи давлат гузарондани молу мулки мазкур аз тарафи суд дар як вақт бо санад оид ба барҳам додан ё манъ намудани фаъолияти ташкилотҳои экстремистӣ қабул карда мешавад.  
7. Дар сурати манъ намудани фаъолияти ташкилотҳои хориҷӣ ё байналмилалӣ бинобар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи суд дар ин хусус барои хабардор кардани давлати дахлдори хориҷӣ ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристонда мешавад. 
 
Моддаи 19. Тартиби экстремистӣ эътироф намудани мавод
Мавод дар асоси хулосаи экспертиза, ки аз ҷониби муассисаи давлатии ваколатдоркардашуда дода шудааст, экстремистӣ эътироф мегардад. 
 
Моддаи 20. Додани огоҳии расмӣ, амр ва овардани пешниҳод дар бораи роҳ надодан ба амалӣ гаштани фаъолияти экстремистӣ
1. Ҳангоми мавҷуд будани иттилооти боэътимод дар бораи амалҳои зиддиҳуқуқии хусусиятҳои экстремистидошта, ки тайёр шуда истодаанд ё содир шудаанд, вале асоси кофӣ барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ва маъмурӣ кашидан мавҷуд нест, ба роҳбарони гурӯҳҳо, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияи ҷамъиятӣ ё динӣ, воситаи ахбори омма ё ташкилоти дигар, инчунин шахси воқеии дахлдор огоҳии расмӣ дар бораи роҳ надодан ба фаъолияти мазкур, амр дар бораи фавран бартараф намудани  ҳуқуқвайронкунӣ ё пешниҳод дар бораи бартараф сохтани сабабу шароитҳои мусоидаткунандаи вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
2. Пешниҳод аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё прокурори дахлдори ба ӯ тобеъ оварда мешавад. Огоҳии расмӣ аз ҷониби Вазорати адлия, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Дар ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, чунин пешниҳод ё огоҳии расмиро метавонанд субъектҳои дигари муқовимат ба экстремизм бароранд.
3. Дар ҳолате, ки аз болои ҳуҷҷатҳои мавриди эътиноии расмии дар қисми 1 моддаи мазкур номбаршуда бо тартиби бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида шикоят оварда нашудааст ё бо қарори суд ин санадҳо ғайриқонунӣ эътироф нагардидаанд, вале аз ҷониби гурӯҳҳо, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё ташкилотҳои дигар, ки ба онҳо ин санадҳо дода шудаанду дар муҳлатҳои муқарраргардида бе иҷро мондаанд, масъалаи нисбати онҳо татбиқ намудани ҷавобгарии дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида, аз ҷониби мақомоти дахлдор баррасӣ карда мешавад.  
 
Моддаи 21. Муқовимат ба маблағгузории экстремизм
1. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва динӣ, воситаҳои ахбори омма ё ташкилотҳои дигар ва сохторҳои минтақавӣ ва тобеи онҳо, аз ҷумла ташкилотҳои хориҷӣ ва байналмилалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятбаранда, ки ба маблағгузории экстремизм ва фаъолияти ба он монанд равона гардидаанд, боиси ҷавобгарии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад. 
2. Ташкилотҳои қарзӣ уҳдадоранд хизматрасониро ба шахсони ҳуқуқие, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти экстремистӣ эътироф гардидаанд, рад намоянд. 
3. Назорати иҷрои муқаррароти қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур ба зиммаи Бонки миллии Тоҷикистон ва субъектҳои дигари ба экстремизм бевосита муқовиматкунанда дар доираи ваколатҳои онҳо гузошта мешавад.
 
 
БОБИ 4. БАҲИСОБГИРИИ ТАШКИЛОТҲОИ ЭКСТРЕМИСТӢ ВА ШАХСОНЕ, КИ БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ ЭКСТРЕМИСТӢ БА ҶАВОБГАРӢ КАШИДА Ё МАҲКУМ ШУДААНД, ҶАВОБГАРӢ БАРОИ АМАЛҲО ДАР ФАЪОЛИЯТИ ЭКСТРЕМИСТӢ
 
Моддаи 22. Баҳисобгирии ташкилотҳои экстремистӣ ва шахсоне, ки барои фаъолияти экстремистӣ ба ҷавобгарӣ кашида ё маҳкум шудаанд
1. Баҳисобгирии ташкилотҳои экстремистӣ, инчунин назорати шахсони ба фаъолияти экстремистӣ алоқамандидошта аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
2. Баҳисобгирии шахсоне, ки барои ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта ба ҷавобгарӣ кашида ё маҳкум шудаанд ва (ё) барои ҳуқуқвайронкунии маъмурии хусусияти экстремистидошта ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд, аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.  
 
Моддаи 23. Роҳ надодан ба фаъолияти экстремистӣ ҳангоми гузарондани чорабиниҳои оммавӣ
1. Ҳангоми гузарондани маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо, пикетгузориҳо ё чорабиниҳои дигари оммавӣ ташкилкунандагони ин чорабиниҳо барои риоя кардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиби   гузарондани чунин чорабиниҳо, роҳ надодан ба фаъолияти экстремистӣ, ҳамчунин пешгирии саривақтии он масъул мебошанд.  
2. Ташкилкунандагони маҷлисҳо, гирдиҳамоӣ ва чорабиниҳои дигари оммавӣ ҳангоми бо сабаби хунукназарӣ роҳ додан ба ҳолатҳои фаъолияти экстремистӣ, ҳамчунин наандешидани чораҳо барои пешгирии саривақтии он ҷавобгаранд.
 
Моддаи 24. Чораҳои муқовимат ба фаъолияти ташкилоте, ки  экстремистӣ эътироф шудааст
Экстремистӣ эътироф гардидани ташкилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси оқибатҳои зерин мегардад: 
- бекор кардани бақайдгирии давлатӣ ва аккредитатсия;  
- манъ намудани пешбурди ҳама гуна фаъолият дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- манъ намудани чопи ҳама гуна мавод аз номи ташкилоти мазкур дар воситаи ахбори омма;
- манъ намудани гузарондани чорабиниҳои  оммавӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин иштирок дар чунин чорабиниҳо ба сифати намояндаи ташкилоти мазкур;
- манъ намудани созмон додани ташкилоти вориси ҳуқуқии ташкилоти мазкур новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ;
- манъ намудани будубоши шаҳрванди хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд ба сифати намояндаи ин ташкилот дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
Моддаи 25. Ҷавобгарии шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ
1. Шахсони мансабдор ё хизматчиёни давлатӣ барои баён намудани андешаҳо ба таври оммавӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ё бо зикри мансаби ишғолнамуда дар бораи зарурат, ҷоиз будан, имконпазирӣ ё хоҳиши амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ, ҳамчунин аз ҷониби шахсони мансабдор дар доираи ваколатҳояшон наандешидани тадбирҳо ҷиҳати бартараф намудани фаъолияти экстремистӣ тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
2. Мақомоти ваколатдори давлатӣ ва шахсони мансабдори болоӣ уҳдадоранд ҷиҳати ба ҷавобгарӣ кашидани шахсоне, ки ба амалҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда роҳ додаанд, фавран чораҳои зарурӣ андешанд.
 
Моддаи 26. Ҷавобгарии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ
1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, инчунин шахсони ҳуқуқӣ ва роҳбарони онҳо барои амалигардонии фаъолияти экстремистӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ, маъмурӣ ва гражданӣ-ҳуқуқии муқаррарнамудаи қонунгузориии Ҷумҳурии Тоҷикистон кашида мешаванд.
2. Барои шахсе, ки дар амалишавии фаъолияти экстремистӣ иштирок карда, барои ин кирдораш суд шудааст, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрасӣ ба хизмати давлатӣ, хизмати ҳарбӣ ва хизмат дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин кор дар муассисаҳои таълимӣ маҳдуд карда мешавад. 
3. Агар роҳбар ё узви мақоми роҳбарикунандаи шахси ҳуқуқӣ изҳороти оммавии даъвати амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ намояд, ҳамчунин дар ҳолатҳое, ки ҳукми суд нисбати чунин шахс барои ҷинояти хусусияти экстремистидошта эътибори қонунӣ пайдо карда бошад, шахси ҳуқуқӣ уҳдадор аст, ки дар муддати панҷ шабонарӯз аз санае, ки хабардор шудааст, дар бораи норозӣ буданаш ба изҳороти баёншуда ё кирдорҳои чунин шахсон изҳороти оммавӣ намояд.
4. Агар шахси ҳуқуқӣ чунин изҳороти оммавӣ пахш накунад, ин беамалӣ метавонад ҳамчун далели мавҷуд будани нишонаҳои  экстремизм дар фаъолияти он баҳо дода шуда, нисбаташ чораҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон андешида шаванд.
 
БОБИ 5. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР САМТИ МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМ
 
Моддаи 27. Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм
1. Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи шартномаҳои байналмилалӣ дар самти муқовимат ба экстремизм бо давлатҳои хориҷӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси онҳо, ҳамчунин ташкилотҳои байналмилалӣ, ки муқовимат ба экстремизмро амалӣ менамоянд, ҳамкорӣ менамояд. 
2. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди давлати худ шахсони аз ҷониби давлатҳои хориҷӣ дар экстремизм гумонбар ва айбдоршавандаро танҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи басташуда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардааш таъқиб менамояд.
 
БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
 
Моддаи 28. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 29. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2003 «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №12, мод. 697; с. 2007, №3, мод. 158;         с. 2014, №11, мод. 655) аз эътибор соқит дониста шавад.
 
Моддаи 30. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
 
        Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                            Эмомалӣ РАҲМОН
 
 
   ш. Душанбе,
2 январи соли 2020,
         № 1655 
 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИЗОМИ ОГОҲОНӢ ВА ПЕШГИРИИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ НОБОЛИҒОН

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Сшб, 15/09/2020 - 15:05
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1658
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
02.01.2020
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
ДАР БОРАИ НИЗОМИ ОГОҲОНӢ ВА ПЕШГИРИИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ НОБОЛИҒОН
 
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон танзим менамояд.
 
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон –маҷмӯи фаъолияти инфиродӣ ва дастаҷамъонаи субъектҳои низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон, мақомоти дигари давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, ки дар самти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд; 
- субъектҳои низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон – мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, ки барои огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон, ошкор намудан ва бартарафсозии сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор мебошанд;
- кирдорҳои зиддиҷамъиятии (зиддиҳуқуқии) ноболиғ – кирдорҳое, ки дар машғул шудан ба оворагардӣ, талбандагӣ ё фоҳишагӣ, истеъмоли воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва мадҳушкунанда, кашидани маҳсулоти тамоку, машруботи спиртӣ ва нӯшокиҳои дар асоси он тайёркардашуда, инчунин кирдорҳои дигари поймолкунандаи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шахсони дигар ва давлат зоҳир мегарданд;
- пешгирии инфиродӣ – фаъолияти доимии субъектҳои низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон, ки таҳия ва татбиқи чораҳои махсусро оид ба огоҳонии намудҳои алоҳидаи ҳуқуқвайронкунӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда, инчунин муайян ва таъсир расондан ба категорияҳои алоҳидаи ноболиғони содирнамудаи ин гуна ҳуқуқвайронкуниҳо пешбинӣ менамояд, ҳамчунин фаъолият оид ба сари вақт муайян намудани ноболиғон ва оилаҳое, ки дар вазъияти номусоиди иҷтимоӣ қарор доранд, пешгирии содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ (зиддиҳуқуқӣ) аз тарафи ноболиғон ва фаъолият оид ба барқарорсозии ҳолати минбаъдаи иҷтимоӣ-омӯзгории онҳо;
- ноболиғи беназоратмонда – ноболиғе, ки рафтори ӯ дар натиҷаи иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба таълиму тарбия ва ё нигоҳубини ӯ аз ҷониби падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда бе назорат мондааст;
- бепарастор – ноболиғе, ки бинобар сабаби фавти падару модар ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда, аз ҳуқуқи падарию модарӣ маҳрум кардани падару модар, маҳдуд кардани ҳуқуқи падарию модарӣ, ғайриқобили амал эътироф шудани падару модар, беморӣ ва муддати тӯлонӣ ҳозир набудани падару модар, саркашии падару модар аз тарбияи фарзандон ё аз ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо бесаробон мондааст; 
- душвортарбия – ноболиғе, ки мунтазам ҳуқуқвайронкунӣ ва кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ (зиддиҳуқуқӣ)-ро содир менамояд;
- шахсоне, ки падару модарро иваз мекунанд – васӣ, парастор, фарзандхондагон, шахсоне, ки дар асоси шартнома ноболиғро тарбия мекунанд, намояндагони дигари қонунии ӯ, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳое, ки ноболиғ дар таълиму тарбияи онҳо қарор дорад;
- ноболиғ – шахсе, ки ба синни ҳаждаҳ нарасидааст;
- ноболиғи дар вазъияти номусоиди иҷтимоӣ қарордошта – ноболиғе, ки дар вазъияти барои ҳаёт ва саломатии ӯ хавфнок ё барои тарбия ва нигоҳубини ӯ ҷавобгӯнабуда қарор дорад, ки он ба монеъ шудан ба таҳсил ва инкишофи маънавии ӯ таъсир мерасонад;
- оилае, ки дар ҳолати номусоиди иҷтимоӣ қарор дорад – оилае, ки дар он падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда уҳдадориҳои худро ҷиҳати таълиму тарбия ва ё нигоҳубини ноболиғ иҷро намекунанд ё худ ба ӯ таъсири манфӣ расонда, муносибати бераҳмона доранд, инчунин ҷой доштани ҳолатҳои зӯроварӣ, ҳолати бади саломатии падару модар, мубтало будан ба бемориҳои рӯҳӣ, майзадагӣ ва нашъамандӣ ва содир намудани ҳуқуқвайронкунӣ ё кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ (зиддиҳуқуқӣ)  аз ҷониби онҳо;
- пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон – маҷмӯи чорабиниҳои дастаҷамъона ва инфиродии ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ахлоқию равонӣ, маънавӣ, фарҳангӣ ва тиббӣ, ки аз ҷониби субъектҳои низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон бо мақсади ошкор ва бартараф намудани сабабу шароити ба содиршавии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон мусоидаткунанда амалӣ карда мешаванд;
- огоҳонӣ – фаъолияти  тибқи талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалишаванда оид ба татбиқи чораҳои умумӣ ва инфиродӣ ҷиҳати аз ҷониби ноболиғон содир накардани ҳуқуқвайронкуниҳою кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ (зиддиҳуқуқӣ) ва пешгирӣ намудани сабабу шароитҳои ба содиршавии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон мусоидаткунанда.
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
 
Моддаи 3. Принсипҳои низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон
Низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии ноболиғон;
- эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои ноболиғон;
- қонуният;
- адолат;
- инсондӯстӣ;
- махфият;
- муносибати инфиродӣ ба тарбияи ноболиғон, аз ҷумла ноболиғони дар вазъияти номусоиди иҷтимоӣ қарордошта;
- дастгирӣ ва таъмини пойдории оила;
- иштироки ҷомеа дар низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон;
- ногузирии ҷавобгарӣ барои вайрон намудани ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои ноболиғон;
- афзалияти чораҳои огоҳонӣ нисбат ба чораҳои ба ҷавобгарӣ кашидан.
 
БОБИ 2. СУБЪЕКТҲОИ НИЗОМИ ОГОҲОНӢ ВА ПЕШГИРИИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ НОБОЛИҒОН
 
Моддаи 4. Субъектҳое, ки фаъолияти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғонро амалӣ менамоянд
1. Ба субъектҳои низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон дохил мешаванд:
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; 
- комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак;
- мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
- мақомоти васоят ва парасторӣ;
- мақомоти маориф ва илм; 
- мақомоти корҳои дохилӣ;
- мақомоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;
- мақомоти кор бо занон ва оила;
- мақомоти кор бо ҷавонон ва варзиш; 
- мақомоти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ;
- мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин;
- мақомоти фарҳанг;
- мақомоти прокуратура;
- мақомоти амнияти миллӣ;
- мақомоти назорати маводи нашъаовар;
- Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак;
- мақомоти дигари давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ.
2. Ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектҳои низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак анҷом дода мешавад. 
3. Субъектҳои низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон дар доираи ваколатҳои худ барои таъмини риояи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои ноболиғон аз ҳама гуна шаклҳои ҳуқуқвайронкунӣ, азобу шиканҷа, зӯроварии рӯҳӣ ва ҷисмонӣ, муносибати бераҳмона, истисмори шаҳвонӣ, меҳнатӣ ва шаклҳои дигари истисмор, муайян намудани ноболиғони дар ҳолати номусоиди иҷтимоӣ қарордошта уҳдадоранд ва бояд ба мақомоти зерин хабар диҳанд:
- ба мақомоти прокуратура – дар бораи риоя нагардидан ва вайронкунии ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои кӯдак; 
- ба мақомоти васояту парасторӣ ва комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак – дар бораи фаъолияти номуносиби мақомот ва ташкилотҳое, ки фаъолиятро оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои ноболиғон амалӣ менамоянд ва дар бораи кӯдакони ятим, бепарастор ва ноболиғоне, ки дар вазъияти ба ҳаёт ва саломатии онҳо хатардошта қарор доранд;
- ба мақомоти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ – дар бораи ба касбомӯзӣ ҷалб кардани ноболиғони аз синни шонздаҳ боло дар муассисаҳои таълимии касбомӯзии соҳаи мақомоти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, инчунин ба меҳнат ҷалб намудан ва пешгирии меҳнати маҷбурии ноболиғон;
- ба мақомоти корҳои дохилӣ – дар бораи ноболиғоне, ки ҳуқуқвайронкунӣ ё кирдорҳои дигари зиддиҷамъиятӣ (зиддиҳуқуқӣ) содир намудаанд, оид ба падару модар ва шахсони дигаре, ки ноболиғонро ба содир намудани ҳуқуқвайронкунӣ ё кирдорҳои дигари зиддиҷамъиятӣ (зиддиҳуқуқӣ) ҷалб менамоянд, ё ин ки нисбати ноболиғон чунин кирдорҳоро содир менамоянд, инчунин оид ба зӯроварӣ дар оила нисбат ба ноболиғон;
- ба мақомоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ – дар бораи ноболиғоне, ки ба муоинаи тиббӣ ва табобат ниёз доранд;
- ба мақомоти маориф ва илм – дар бораи ноболиғоне, ки худсарона муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, махсус ва муассисаҳои дигари кӯдаконаро тарк намудаанд, ё ин ки мунтазам бе сабабҳои узрнок дар дарсҳо иштирок намекунанд;
- ба мақомоти назорати маводи нашъаовар – дар бораи ноболиғоне, ки маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва мадҳушкунанда истеъмол мекунанд, инчунин оид ба шахсони дигаре, ки ноболиғонро ба содир намудани чунин ҳуқуқвайронкунӣ ҷалб мекунанд;
- ба мақомоти кор бо занон ва оила – оид ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғоне, ки оилаҳои онҳо дар ҳолати номусоиди иҷтимоӣ қарор доранд.
 
Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои салоҳияти зерин мебошад:
- таъмини татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон;
- тасдиқи барномаҳои миллӣ ва давлатӣ оид ба огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон бо пешниҳоди субъектҳои низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон;
- назорати фаъолияти субъектҳои низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.
 
Моддаи 6. Ваколатҳои комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак
1. Комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак аз Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак ва комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳо (комиссияи маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак) иборат мебошанд.
2. Комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак дорои ваколатҳои зерин мебошанд:
- андешидани чораҳо вобаста ба огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон, таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии онҳо;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектҳои низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон;
- ташкили назорат ҷиҳати фароҳам овардани шароити муносиби нигоҳубин, тарбия, таълим, ҳифзи саломатӣ, таъминоти иҷтимоӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ ба кӯдаконе, ки дар ҳолати номусоиди иҷтимоӣ қарор доранд;
- иштирок дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, барномаҳои миллӣ ва давлатӣ  оид ба огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон, беҳтар намудани шароити зисташон, тарбия, таълим, меҳнат ва истироҳати онҳо, пешгирии кирдорҳои ноболиғони беназоратмонда, бепарастор ва назорати амалишавии онҳо, бо тартиби муқарраршуда ташкили чорабиниҳо дар вақти холигии ноболиғон;
- пешниҳод намудани таклифҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати такмили низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон; 
- пешниҳоди таклифҳо ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати андешидани тадбирҳо оид ба огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон;
- муайян намудан ва ба қайд гирифтани кӯдакони аз падару модар маҳрумгардида, ба муассисаҳои дахлдори таълиму тарбия супоридани чунин кӯдакон ва назорати шароити таълиму тарбия ва нигоҳубини онҳо;
- мусоидат барои бо кор таъмин намудани ноболиғони аз синни шонздаҳ боло;             
- баррасии мавод нисбати ноболиғоне, ки то расидан ба синни ҷавобгарии ҳуқуқӣ кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ ё рафтори хилофи меъёрҳои ахлоқ ва зиддиҷамъиятӣ содир кардаанд;
- расонидани ёрии амалӣ ба мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, раисони маҳаллаҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ташкили корҳои огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон;
- андешидани тадбирҳои зарурӣ ва ба мақомоти дахлдор пешниҳод намудани маълумот ҷиҳати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон;
- таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»;
- қабул намудани қарор оид ба эътироф намудани ноболиғ ва оилаи дар вазъияти номусоиди иҷтимоӣ қарордошта дар асоси пешниҳоди субъектҳои низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон;
- амалӣ кардани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст. 
 
Моддаи 7. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
1. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи ваколатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро оид ба огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои ноболиғон амалӣ менамоянд.
2. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдакро таъсис дода, бо тартиби муқарраршуда ҳамкории субъектҳои низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои ноболиғонро дар ҳудуди дахлдор таъмин мекунанд. 
 
Моддаи 8. Ваколатҳои мақомоти васоят ва парасторӣ
Мақомоти васоят ва парасторӣ дорои ваколатҳои зерин мебошанд:
- бо мақсади беназорат намондани ноболиғон ва пешгирии содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби онҳо, кӯдакони аз падару модар маҳрумгардидаро муайян ва ба қайд гирифта, бо дар назар доштани шароити мушаххаси маҳрум гардидани кӯдакон аз саробонии падару модар тарзи ҷойгиркунии кӯдаконро интихоб намуда, ба шароити нигоҳубин, тарбия ва таълими онҳо назорат мебаранд;
- бо мақсади пешгирии истифодаи маблағҳо ҷиҳати хариди машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор ва маводи дигари фурӯшашон барои ноболиғон манъгардида ба мақомоти судӣ оид ба маҳдуд ва ё маҳрум намудани ноболиғи аз синни чордаҳ то ҳаждаҳ аз ҳуқуқи мустақилона истифода бурдани маош, идрорпулӣ ва намуди дигари даромадҳо, ба истиснои ҳолатҳое, ки ноболиғ бо тартиби муқарраршуда мавриди қобили амал ҳисобида шудааст, муроҷиат мекунанд, агар ноболиғ маблағҳои гирифтаашро барои хариди маводи зикршуда истифода бурда бошад;
- дар бораи аз ҳуқуқи падарию модарӣ маҳрум кардани падару модар ба суд муроҷиат менамоянд;
- дар мурофиаҳои судӣ оид ба баррасии парвандаҳо дар бораи аз ҳуқуқи падарию модарӣ маҳрум ё маҳдуд намудан ё барқарор кардани ҳуқуқи падарию модарӣ иштирок менамоянд;
- барои аз ҳуқуқи васоят ва парасторӣ маҳрум намудан ҳангоми ба кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ (зиддиҳуқуқӣ) моил ё ҷалб намудани ноболиғон ва дар ҳолатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо меандешанд;
- ноболиғони дар тарбияи васӣ ва парастор қарордоштаро ба қайд гирифта, бо мақсади пешгирии истифодаи ноболиғон ба кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ (зиддиҳуқуқӣ) шароити нигоҳубин, тарбия ва таълими онҳоро якҷоя бо намояндагони мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, раисони маҳаллаҳо таҳти назорат мегиранд ва аз шароити нигоҳубини ҳар як кӯдаке, ки таҳти тарбияи васӣ ва ё парастор қарор дорад, тибқи тартиб ва муҳлати муқарраргардида ба Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак ҳисобот пешниҳод менамоянд;
- амалӣ кардани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст. 
 
Моддаи 9. Ваколатҳои мақомоти маориф ва илм
1. Мақомоти маориф ва илм дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- амалӣ намудани тадбирҳо оид ба рушди муассисаҳои махсуси таълимию тарбиявӣ барои кӯдакони ятим ва кӯдакони бе парастории падару модар монда, инчунин муассисаҳои таълимие, ки ноболиғони маъюб ва бемор ба таҳсил фаро гирифта мешаванд;
- ташкили ҷараёни таътили тобистона ва машғулиятҳои илмию адабӣ, варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ барои ноболиғон;
- ба қайд гирифтан ва ба субъектҳои дахлдори низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон пешниҳод намудани маълумот оид ба ноболиғони аз таҳсил саркашинамуда ва дурмонда, ба таври мунтазам аз машғулиятҳо беасос дермонда ва ноболиғоне, ки ба ҳуқуқвайронкунӣ ва кирдорҳои дигари зиддиҷамъиятӣ (зиддиҳуқуқӣ) майл доранд;
- таъсиси комиссияҳои тиббӣ, омӯзгорӣ ва равонӣ якҷоя бо субъектҳои дигари низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон бо мақсади ошкор намудан ва расонидани кумакҳои тиббӣ, омӯзгорӣ ва равонӣ ба ноболиғон;
- амалӣ намудани барномаҳои таълимӣ барои ноболиғони дорои имкониятҳои маҳдуд ё дорои рафтору ахлоқи ғайримуқаррарӣ ва ноболиғони дар таҳсил мушкилидошта;
- муайян намудани оилаҳо ва ноболиғоне, ки дар ҳолати номусоиди иҷтимоӣ қарор доранд ва расонидани ёрӣ ба онҳо дар таълиму тарбияи фарзандон;
- ҷалби ноболиғон ба маҳфилҳои забономӯзӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, техникӣ ва намудҳои дигари таҳсилоти иловагӣ;
- ҳимояи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии тарбиягирандагони муассисаҳои таълимӣ ва амалӣ намудани тадбирҳои инфиродии пешгирикунанда;
- таъмини дастрасии таҳсил ба ноболиғон;
- таҳия ва татбиқи барномаи  тарбиявӣ ва дастурҳои методӣ бо ҷалби субъектҳои дигари низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва равоншиносон;
- таъмини шароити моддӣ, маънавӣ, нигоҳубин ва амнияти шахсии ноболиғон, муҳофизати онҳо аз таъсири омилҳои манфӣ, маҳдуд сохтани воридшавии озодонаи шахсони бегона ба муассисаи дахлдор, ки ба рафтору ахлоқи кӯдакон таъсири манфӣ расонда метавонанд;
- пешниҳоди маълумот ба мақомоти корҳои дохилӣ оид ба масъалаҳое, ки кӯдак аз ҷониби парастор таҳти шиканҷа қарор дода мешавад;
- пешниҳоди маълумот ба мақомоти корҳои дохилии маҳали ҷойгиршавии муассиса дар бораи ҳодисаҳои худсарона аз ҳудуди муассисаи дахлдор баромада рафтани ноболиғон ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ андешидани тадбирҳо ҷиҳати ҷустуҷӯ, дарёфт ва баргардондани онҳо ба муассисаи дахлдор;
- пешниҳоди маълумот ба комиссияи маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани муҳлати нигоҳ доштани ноболиғ ё ба муассисаи дигари махсуси таълимиву тарбиявии шакли пӯшида гузаронидани ӯ;
- амалӣ кардани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст. 
 
Моддаи 10. Ваколатҳои мақомоти корҳои дохилӣ
1. Мақомоти корҳои дохилӣ дар доираи ваколатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро оид ба огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои ноболиғон амалӣ менамояд. Дар мақомоти корҳои дохилӣ хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ноболиғон, ҳамчун воҳидҳои махсус вобаста ба пешгирии беназоратӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои ноболиғон фаъолият мекунанд.
2. Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва сохторҳои он дар раёсату шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дорои ваколатҳои зерин мебошанд:
- амалӣ намудани корҳои умумӣ ва инфиродии пешгирикунанда;
- андешидани чораҳо нисбат ба ноболиғоне, ки дар кофтуков ё дар ҳолати номусоиди иҷтимоӣ қарор доранд ва бо тартиби муқарраршуда фиристонидани онҳо ба субъектҳо ё муассисаҳои дигари низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои ноболиғон;
- ирсол намудани пешниҳод ба ҷои кор ё таҳсил, маҳали зист ҷиҳати муҳокима ва андешидани чораҳои таъсиррасонии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба шахсоне, ки ноболиғонро ба содир намудани ҳуқуқвайронкунӣ ё кирдорҳои дигари зиддиҷамъиятӣ (зиддиҳуқуқӣ) ҷалб мекунанд ва ё нисбати ноболиғон кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ (зиддиҳуқуқӣ)-ро раво мебинанд;
- баррасии арзу шикоятҳои ноболиғон ва падару модар вобаста ба вайронкунии ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии ноболиғон;
- омода намудани ҳуҷҷатҳои дахлдор барои ҷойгир намудани ноболиғон дар муассисаҳои махсуси тарбиявӣ;
- ба субъектҳои дахлдори низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон пешниҳод намудани маълумот оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ё кирдорҳои дигари зиддиҷамъиятии (зиддиҳуқуқии) ноболиғон, инчунин сабаб ва омилҳое, ки ба содир намудани онҳо мусоидат мекунанд;
- ба қайд гирифтани ноболиғони душвортарбия ва бо онҳо гузаронидани чораҳои инфиродии огоҳонӣ; 
- ҳамкорӣ бо мақомоти васоят ва парасторӣ ва комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак барои ҷойгир намудани кӯдакони ятим ва бепарастормонда дар муассисаҳои дахлдор;
- амалӣ кардани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
3. Қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ноболиғон дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- амалӣ намудани фаъолият оид ба қабули шабонарӯзӣ ва нигоҳдошти муваққатии ноболиғони аз синни се то ҳаждаҳ бо мақсади ҳифзи ҳаёт ва саломатӣ, огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни онҳо;
- гузаронидани чораҳои инфиродии пешгирикунанда бо ноболиғони овардашуда, муайян намудани сабаб ва шароите, ки ба ҳуқуқвайронкунӣ, беназоратӣ ва кирдорҳои дигари зиддиҷамъиятӣ (зиддиҳуқуқӣ) оварда мерасонанд ва пешниҳод намудани маълумот ба мақомоти дахлдор;
- огоҳ намудани падару модари ноболиғон дар бораи овардан ва нигоҳ доштани онҳо дар қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ноболиғон; 
- ҳамкорӣ бо мақомоти васоят ва парасторӣ ва комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак ҷиҳати дар муассисаҳои дахлдор ҷойгир кардани ноболиғони бепарастор; 
- амалӣ кардани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст. 
4. Ба қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ноболиғон ба таври шабонарӯзӣ бо тартиби муқарраршуда ноболиғони зерин оварда ва қабул карда мешаванд:
- ноболиғоне, ки бинобар сабаби марг ё маъюбшавӣ ва ё корношоямии муваққатии падару модар бе парастор мондаанд;
- ноболиғоне, ки дар оилаҳои дар вазъияти номусоиди иҷтимоӣ қарордошта зиндагӣ мекунанд; 
- ноболиғоне, ки худсарона аз хона баромада рафтаанд ва ё муассисаҳои таълимии барои кӯдакони ятим ва бепарастормонда ё муассисаҳои дигари кӯдаконаро тарк кардаанд, ба истиснои кӯдаконе, ки муассисаҳои махсуси таълимию тарбиявии навъи пӯшидаро тарк кардаанд;
- ноболиғоне, ки ҷойи муқимии зист ё ҷойи истиқомат ва воситаи рӯзгузаронӣ надоранд;
- ноболиғоне, ки ба вазъияти дигари душвори зиндагӣ дучор гардидаанд ва ба кумаки иҷтимоӣ ё барқарор сохтани шароити беҳтари зиндагӣ эҳтиёҷ доранд;
- ноболиғоне, ки аз ҷониби падару модарон ё парасторони онҳо таҳти зӯроварӣ қарор гирифта, ба ҷойи зист баргаштан намехоҳанд;
- ноболиғоне, ки то синни шонздаҳ ҳуқуқвайронкунӣ содир намуда, аз таҳти назорати падару модар баромадаанд;
- ноболиғоне, ки ба шароити махсуси таълиму тарбия муҳтоҷанд ва бо ин сабаб ба муассисаҳои махсуси тарбиявӣ фиристонида мешаванд; 
- ноболиғоне, ки ба омӯзишгоҳҳои махсуси касбию техникӣ фиристода мешаванд;
- ноболиғоне, ки ба муассисаҳои табобатию тарбиявӣ фиристода мешаванд;
- ноболиғоне, ки шахсан барои кумак муроҷиат намудаанд ё аз ҷониби шаҳрвандон, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва худи қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ноболиғон, ки дар кӯча ва ҷойҳои дигар бе назорат мондаанд ё ба оворагардӣ машғуланд, оварда шудаанд;
- ноболиғоне, ки бо қарори суд ба муассисаҳои махсуси таълимию тарбиявии навъи пӯшида фиристода мешаванд;
- ноболиғоне, ки ба синни ҷавобгарии ҳуқуқӣ нарасидаанд, вале кирдорҳои ба ҷамъият хавфнокро содир намудаанд, бо мақсади ҳифзи ҳаёт ва саломатии онҳо ё пешгирии содиркунии амалҳои такрории ба ҷамъият хавфнок, инчунин дар ҳолатҳое, ки шахсияти онҳо маълум нест.
5. Тартиби ворид намудан ва муҳлати нигоҳдошт дар қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ноболиғон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
 
Моддаи 11. Ваколатҳои мақомоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Мақомоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани донишҳои санитарию беҳдоштӣ дар байни ноболиғон ва падару модарон;
- таъсис ва рушди муассисаҳое, ки ба кӯдакону наврасон кумаки наркологӣ ва равонӣ мерасонанд;
- қабули шабонарӯзӣ ва дар муассисаҳои табобатию иҷтимоии махсусгардонидашудаи (хонаҳои кӯдакон) мақомоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нигоҳ доштани кӯдакони бесоҳиб дарёфтшуда ё кӯдакони аз муҳити хатарнок гирифташуда, аз ҷумла ҷабрдидаи ҷиноят, зӯроварӣ ва кӯдакони дигари то синни се, ки  бе парастории падару модар мондаанд;
- пешниҳод намудани маълумот ба мақомоти назорати маводи нашъаовар дар бораи ноболиғоне, ки маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва мадҳушкунанда истеъмол мекунанд, инчунин сабаб ва омилҳое, ки ба содир намудани онҳо мусоидат мекунанд;
- муоинаи тиббии ноболиғони бе парастории падару модар монда ва бо дар назар доштани вазъи саломатии онҳо пешниҳод намудани тавсияҳо барои ҷойгир кардани чунин кӯдакон дар муассисаҳои махсуси таълимию тарбиявӣ; 
- қабули шабонарӯзии ноболиғони дар ҳолати мастӣ аз истеъмоли машруботи спиртӣ ва воситаҳои нашъадор қарордошта дар муассисаҳои мақомоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои расондани кумаки тиббӣ;
- пешниҳод намудани хулоса дар бораи вазъи саломатии ноболиғони ҷиноятсодирнамуда ё амали дигари хавфноки ҷамъиятиро анҷомдода бо мақсади муайян намудани мавҷудияти бемориҳои хавфнок ҷиҳати фиристодани ноболиғон ба муассисаҳои махсуси таълимию тарбиявии шакли пӯшида;
- ошкор, бақайдгирӣ, муоина ва табобати ноболиғоне, ки машруботи спиртӣ, маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва мадҳушкунанда истеъмол кардаанд, инчунин андешидани тадбирҳо ҷиҳати пешгирӣ намудани чунин амалҳо;
- мусоидат ба фаро гирифтани ноболиғони маъюб бо тавонбахшии тиббию иҷтимоӣ;
- мусоидат ба фаро гирифтани ноболиғони дар вазъияти номусоиди иҷтимоӣ қарордошта бо хизматрасонии иҷтимоӣ дар маҳалли зист;
- амалӣ кардани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст. 
 
Моддаи 12. Ваколатҳои мақомоти кор бо занон ва оила
Мақомоти кор бо занон ва оила дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ мондани корҳои тарғиботӣ оид ба мавқеи занон дар оила ва тарбияи ноболиғон, ҳуқуқу имкониятҳои онҳо, асосҳои баробарҳуқуқии гендерӣ, тарзи ҳаёти солим;
- дар ҳамкорӣ бо субъектҳои дигари низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ таҳия, ҳамоҳанг ва татбиқи барномаҳои соҳавӣ барои духтарони ноболиғи ятиммонда ва ноболиғоне, ки қурбонии зӯроварӣ ва муносибати бераҳмона гардидаанд;
- андешидани тадбирҳо ҷиҳати таъмини фазои якдигарфаҳмӣ дар оила ва фаъолгардонии иштироки фарзанд дар ҳаёти оилавӣ;
- таҳияи дастурҳои методӣ ва маводи тарғиботӣ оид ба одоби оиладорӣ, муносибати байни падару модар ва фарзандон, эҳтироми падару модар, мушкилоти оилавӣ ва баланд бардоштани мақоми зан дар оила;
- андешидани тадбирҳо ҷиҳати касбомӯзии духтарони ноболиғи аз таҳсил дурмонда, инчунин гирифтори зӯроварӣ ва зери хатар қарордошта;
- дар ҳамкорӣ бо субъектҳои дигари низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон андешидани чораҳо оид ба муайян намудани оилаҳое, ки дар ҳолати номусоиди иҷтимоӣ қарор доранд;
- гирифтани маълумоти зарурӣ аз мақомоти дахлдор дар бораи ҳуқуқвайронкунии духтарони ноболиғ, инчунин оид ба ҳодисаҳои номатлуб (суиқасди худкушӣ, аз хона гурехтан ва дигар ҳолатҳо) ва гузаронидани корҳои тарбиявию фаҳмондадиҳӣ бо онҳо;
- аз суд ва мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гирифтани маълумот оид ба бекоршавии ақди никоҳи оилаҳое, ки фарзандони ноболиғ доранд ва андешидани чораҳо ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон ва ноболиғон;
- амалӣ кардани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст. 
 
Моддаи 13. Ваколатҳои мақомоти кор бо ҷавонон ва варзиш 
Мақомоти кор бо ҷавонон ва варзиш дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- иштирок ва ҳамкорӣ бо субъектҳои дигари низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон дар таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсаднок;
- ҳамоҳанг сохтани фаъолияти муассисаю ташкилотҳои  мақомоти кор бо ҷавонон ва варзиш ва ба роҳ мондани фаъолияти ташкилию методӣ бо онҳо дар огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон;
- дар доираи барномаҳои дахлдор аз ҷиҳати молиявӣ ва моддӣ дастгирӣ намудани иттиҳодияҳои ҷамъиятии кӯдакону ҷавонон, ки фаъолияти онҳо ба амалӣ сохтани тадбирҳо вобаста ба огоҳонӣ ва пешгирии хуқуқвайронкунии ноболиғон равона гардидааст;
- гузаронидани чорабиниҳои иттилоотию маърифатӣ доир ба масъалаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон;
- дар доираи барномаҳои дахлдор ба роҳ мондани хизматрасониҳои иҷтимоию ҳуқуқӣ ба ноболиғон;
- таҳия ва ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои қабул пешниҳод намудани тартиби истифодабарии майдончаҳо ва толорҳои варзишӣ аз ҷониби ноболиғон ва ҷавонон;
- дар ҳамкорӣ бо субъектҳои дигари низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон таҳлил ва муайян намудани сабаб ва омилҳои ба ҳуқуқвайронкунии ноболиғон мусоидаткунанда;
- манзур намудани пешниҳод ба субъектҳои низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ҷиҳати андешидани тадбирҳо оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон;
- мунтазам баргузор намудани мусобиқаҳои варзишӣ ва спартакиадаҳо дар байни ноболиғон;
- амалӣ кардани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст. 
 
Моддаи 14. Ваколатҳои мақомоти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ
Мақомоти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дорои ваколатҳои зерин мебошанд:
- иштирок дар таҳия ва татбиқи барномаҳои миллӣ ва давлатӣ оид ба низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои ноболиғон дар ҳамкории мутақобила бо мақомоти дахлдор;
- ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои ноболиғон;
- ҷорӣ намудани низоми омӯзиши касбии ноболиғон дар муассисаҳои таълимии мақомоти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ;
- андешидани тадбирҳо якҷоя бо мақомоти дахлдори давлатӣ ҷиҳати аз байн бурдани меҳнати маҷбурии кӯдакон;
- андешидани чораҳо ҷиҳати ҷойгир кардани ноболиғони душвортарбия дар муассисаҳои махсуси таълимию тарбиявӣ;
- андешидани тадбирҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор ҷиҳати пешгирӣ намудани  савдои кӯдакон, инчунин ҷалб намудан ба меҳнати маҷбурии кӯдакон;
- андешидани тадбирҳо дар доираи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак ва истифодаи меҳнати маҷбурӣ;
- ташкил намудани курсҳои касбомӯзӣ барои ноболиғони дар ҳолати номусоиди иҷтимоӣ қарордошта;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудани шаклҳои меҳнате, ки ноболиғон ба он метавонанд дар вақтҳои холӣ машғул шаванд;
- амалӣ кардани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст. 
 
Моддаи 15. Ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин
Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- иштирок дар амалигардонии барномаҳои субъектҳои низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон;
- гузарондани чорабиниҳои иттилоотию таблиғотӣ ҷиҳати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон;
- ошкор ва бақайдгирии ҳуқуқвайронкуниҳои ноболиғон дар самти озодии виҷдон ва фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ;
- амалӣ кардани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст. 
 
Моддаи 16. Ваколатҳои мақомоти фарҳанг
Мақомоти фарҳанг дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- бо мақсади огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон истифодаи мероси фарҳангӣ дар тарбияи ахлоқии онҳо ва таъмини дастрасии ноболиғон ба муассисаҳои фарҳангӣ; 
- гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ бо мақсади огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон;
- амалӣ кардани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст. 
 
Моддаи 17. Ваколатҳои мақомоти прокуратура
Мақомоти прокуратура дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон вобаста ба риоя ва иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон;
- муроҷиат намудан ба суд ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии ноболиғон;
- дар як сол на кам аз як маротиба таҳлилу ҷамъбаст намудани вазъи ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунии дигари ноболиғон, сабабу омилҳои ба он мусоидаткунанда, ҳолатҳои дигари риоя ва иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ноболиғон ва вобаста ба натиҷаи онҳо андешидани чораҳо ва охири ҳар сол пешниҳод намудани маълумот ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои зикргардида;
- қабул намудани санадҳои эътиноии прокурорӣ ҷиҳати бекор намудан, тағйир додани санадҳои ғайриқонунӣ, пешгирии қонунвайронкунӣ, бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда, инчунин бо дар назар доштани хусусияти қонунвайронкунӣ аз ҷониби шахси мансабдор ё шаҳрванд оид ба оғоз намудани истеҳсолот дар бораи ба ҷавобгарии интизомӣ ва моддӣ кашидан ё дар бораи оғози парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноятӣ вобаста ба риоя ва иҷро накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ноболиғон;
- амалӣ кардани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст. 
 
Моддаи 18. Ваколатҳои мақомоти амнияти миллӣ
Мақомоти амнияти миллӣ дар доираи ваколатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷалби ноболиғон ба фаъолияти террористиву экстремистӣ ва ҷиноятҳои дигар, ки пешбурди таҳқиқ ва тафтишоташон ба салоҳияти мақомоти амнияти миллӣ дохил мебошанд, инчунин аз байн бурдани сабабу шароити ба онҳо мусоидаткунанда тадбирҳои зарурӣ меандешад.
 
Моддаи 19. Ваколатҳои мақомоти назорати маводи нашъаовар 
Мақомоти назорати маводи нашъаовар дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- амалӣ намудани корҳои умумӣ ва пешгирии инфиродии нашъамандӣ дар байни ноболиғон;
- бақайдгирии ноболиғони нашъаманд ва ирсол намудани пешниҳод ба мақомоти дахлдори давлатӣ ҷиҳати андешидани чораҳои таъсиррасонии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ноболиғони нашъаманд;
- омода намудани ҳуҷҷатҳои дахлдор барои ҷойгир намудани ноболиғони нашъаманд дар муассисаҳои махсуси тиббӣ;
- амалӣ кардани  ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст. 
 
Моддаи 20. Ваколатҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар доираи ваколаташ:
- муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, маълумоти дастрасшударо вобаста ба вайронкунии ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии кӯдакон баррасӣ менамояд;
- аз мақомоти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, бо мақсади баррасии масъалаҳои ба ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои кӯдак алоқаманд маълумот ва ҳуҷҷатҳои заруриро талаб мекунад;
- дар фаъолияти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат меварзад;
- амалӣ кардани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст. 
 
Моддаи 21. Мақомоти дигари давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, ки дар фаъолият оид ба огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ширкат меварзанд 
Иштироки мақомоти дигари давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ дар фаъолият оид ба огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
 
Моддаи 22. Маблағгузории мақомот ва ташкилотҳое, ки дар фаъолият оид ба огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ширкат меварзанд
Маблағгузории мақомот ва ташкилотҳое, ки дар фаъолият оид ба огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ширкат меварзанд, дар доираи маблағҳои барои нигоҳдорӣ ва фаъолияти муассисаҳои дахлдори буҷетӣ пешбинишуда ва аз ҳисоби сарчашмаҳои дигари молиявӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ мегардад.
 
БОБИ 3. ПЕШГИРИИ УМУМӢ ВА ИНФИРОДӢ
 
Моддаи 23. Пешгирии умумӣ
1. Пешгирии умумӣ фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳое мебошад, ки дар амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва бартарафсозии сабаб ва шароити мусоидаткунанда ба содиршавии онҳо иштирок менамоянд.
2. Ба шаклҳои асосии амалигардонии пешгирии умумӣ дохил мегарданд:
- таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатӣ ва барномаҳои дигар оид ба огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои ноболиғон;
- гузаронидани ташвиқот дар байни аҳолӣ ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон;
- муайян ва пешниҳод намудани таклифҳо оид ба бартараф намудани сабаб ва шароите, ки барои содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғон мусоидат мекунанд.
3. Пешгирии умумӣ метавонад дар навбати худ чораҳои дигари дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишудаи дорои хусусияти иқтисодию иҷтимоӣ, ташкилию идоракунӣ, мафкуравӣ, техникӣ ва ҳуқуқиро дар бар гирад.
 
Моддаи 24. Пешгирии инфиродӣ
1. Пешгирии инфиродӣ нисбат ба ноболиғони зерин амалӣ карда мешавад:
- беназоратмонда ё бепарастор;
- ба оворагардӣ ё талбандагӣ машғулбуда;
- дар вазъияти носолими иҷтимоӣ қарордошта;
- онҳое, ки бе сабабҳои узрнок ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳозир намешаванд;
- тарбиягирандагони марказҳои иҷтимоиву барқароркунии ноболиғон, мактаб-интернатҳо, хонаҳои кӯдакон, муассисаҳои махсуси таълимию тарбиявӣ ва муассисаҳои дигари барои ноболиғони ба кумаки иҷтимоӣ ва барқароршавӣ эҳтиёҷдошта;
- истеъмолкунандагони воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё моддаҳои дигари мадҳушкунанда;
- онҳое, ки то расидан ба синну соли ҷавобгарии маъмурӣ ва ё ҷиноятӣ кирдорҳои ба ҷамъият хавфнокро содир намудаанд;
- айбдоршавандагон ё гумонбаршудагон, ки барои содир намудани ҷиноят нисбати онҳо чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан татбиқ нагаштааст;
- онҳое, ки аз иҷрои ҷазои ҷиноятӣ шартан пеш аз муҳлат ё бо сабаби қабули санади авф ё бахшиши ҷазо озод гардидаанд;
- онҳое, ки аз муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ баъди адои ҷазо озод гардидаанд, агар ба балоғат нарасида бошанд;
- онҳое, ки барои содир намудани ҷиноятҳои категорияҳои начандон вазнин ва ё дараҷаи миёна гунаҳгор дониста шудаанд ва бо ҳукми суд бо истифода аз чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тарбиявӣ аз адои ҷазо озод гардидаанд;
- онҳое, ки нисбаташон ҷазо шартан татбиқ карда нашудааст, ба корҳои ҳатмӣ, ислоҳӣ ва ё ҷазоҳои дигари бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда маҳкум гардидаанд;
- ҳолатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Пешгирии инфиродӣ, инчунин нисбат ба падару модари ноболиғоне, ки вазифаҳои худро оид ба таълим, тарбия ва нигоҳубини ноболиғ иҷро накарда, ба рафтори онҳо ба таври манфӣ таъсир расонида, бо онҳо муносибати бераҳмона доранд, гузаронида мешавад.
 
Моддаи 25. Асосҳои гузаронидани пешгирии инфиродӣ нисбат ба ноболиғон
1. Асосҳои гузаронидани пешгирии инфиродӣ нисбат ба ноболиғон афзоиши сатҳи содиркунии намудҳои алоҳидаи ҳуқуқвайронкуниҳо, таҳдидҳо ба амният ва тартиботи ҷамъиятӣ, манфиатҳои давлат, ҷомеа ва шахсони алоҳида шуда метавонанд.
2. Асосҳои бевосита барои гузаронидани пешгирии инфиродӣ нисбат ба ноболиғон инҳоянд:
- аризаи ноболиғ, падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда дар бораи расонидани кумак оид ба масъалаҳое, ки ба ваколати мақомоти давлатӣ дохил мешаванд;
- санадҳои судӣ;
- қарори комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак, прокурор, мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ;
- маълумотнома ё мактуби муассисаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ нисбати ноболиғоне, ки аз ин муассиса озод гардидаанд;
- хулосае, ки дар натиҷаи гузарондани санҷиши муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла маълумоти аз васоити ахбори омма ва сомонаҳои интернетӣ бадастовардашуда аз тарафи субъектҳои низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон тасдиқ шудааст. 
3. Пешгирии инфиродӣ нисбат ба ноболиғон, падару модар то лаҳзаи зарурӣ барои расонидани кумаки иҷтимоӣ ва кумаки дигар ба ноболиғон, бартарафкунии сабаб ва шароити мусоидаткунанда ба беназоратӣ, бепарасторӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҷиноят, кирдорҳои зиддиҷамъиятии (зиддиҳуқуқии) ноболиғон ё то расидан ба синни ҳаждаҳ ва ё ҳолатҳои дигаре, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, амалӣ карда мешаванд.
 
Моддаи 26. Чораҳои инфиродии огоҳонӣ
1. Ба чораҳои инфиродии огоҳонӣ дохил мешаванд:
- суҳбати пешгирикунанда;
- таҳти назорати пешгирикунанда қарор додан;
- ирсол намудани пешниҳод барои бартараф намудани сабаб ва шароити ба ҳуқуқвайронкунӣ мусоидаткунанда;
- тавонбахшии тиббию иҷтимоӣ;
- чораҳои таъсиррасонии тарбиявӣ;
- амрномаи муҳофизатӣ;
- чораҳои дорои хислати маҷбуркунӣ ва маҳдудсозанда (табобати маҷбурӣ, маҳрум ё маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ, дастгирикунии маъмурӣ ва чораҳои дигари таъминкунандаи пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, таҳти парасторӣ супоридани ноболиғ ва чораҳои дигари пешгирии мурофиавии ҷиноятӣ, татбиқи чораҳои маҷбуркунии дорои хислати тарбиявӣ, ҷойгир кардан дар муассисаҳои махсуси тарбиявӣ ё табобатию тарбиявӣ). 
2. Чораҳои мушаххаси инфиродии огоҳонидан бо дар назар доштани  дараҷаи ба ҷамъият хавфноки кирдор ва хусусиятҳои инфиродии шахс тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд.
 
Моддаи 27. Ҳуқуқҳои шахсоне, ки нисбат ба онҳо пешгирии инфиродӣ гузаронида мешавад
1. Шахсоне, ки нисбат ба онҳо пешгирии инфиродӣ гузаронида мешавад, метавонанд аз тамоми ҳуқуқу озодиҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд.
2. Шахсони манфиатдор метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба қарорҳо вобаста ба татбиқи чораҳои пешгирии инфиродӣ нисбати ноболиғ шикоят кунанд.
 
БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
 
Моддаи 28. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 29. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
         Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                             Эмомалӣ РАҲМОН
 
 
ш. Душанбе,
2 январи соли 2020,
№ 1658
 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АССОТСИАТСИЯИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ОБ

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Сшб, 15/09/2020 - 15:16
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1668
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
02.01.2020
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
ДАР БОРАИ АССОТСИАТСИЯИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ОБ
 
Қонуни мазкур асосҳои иқтисодӣ, ташкилӣ ва ҳуқуқии фаъолияти ассотсиатсияи истифодабарандагони обро муайян намуда, ба таъмини сарфаи об ва истифодаи босамари иншооти гидротехникӣ дар минтақаи хизматрасонӣ равона карда шудааст.
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ 
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- ассотсиатсияи истифодабарандагони об – ташкилоти ғайритиҷоратӣ ва худидораи ба узвият асосёфтаи истифодабарандагони об, ки ба таври ихтиёрӣ дар минтақаи муайян бо мақсади истифодабарӣ ва нигоҳдории дастҷамъонаи шабакаи мелиоративии дохили минтақаи хизматрасонӣ, таъмини оби полезӣ, ҳамоҳангсозии фаъолият, намояндагӣ ва ҳифзи манфиатҳои умумии онҳо таъсис дода шудааст;
- аъзои ассотсиатсияи истифодабарандагони об – истифодабарандагони об, ки дорои ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин буда, дар минтақаи хизматрасонии ассотсиатсияи истифодабарандагони об ҷойгир мебошанд, оинномаи ассотсиатсияро эътироф мекунанд ва ба таври ихтиёрӣ ба он дохил шудаанд; 
- иншооти гидротехникӣ дар минтақаи хизматрасонии ассотсиатсияи истифодабарандагони об (минбаъд – иншооти гидротехникӣ) – таҷҳизот, иншоот ва дастгоҳҳое (обанборҳо, сарбандҳо, иншооти муҳофизати соҳил, наҳру ҷӯйҳо, пойгоҳҳои обкашӣ, чоҳҳо, лӯла ва новаҳои обгузар, заҳбуру заҳкашҳо, иншоот ва дастгоҳҳои дигари беҳдошти замин ва обёрӣ), ки барои таъсиррасонӣ ба маҷро ва ҳаҷми об, гирифтан, расондан, коркард ва аз нав тақсим кардани об, ҳифзи об ва объектҳои об аз таъсири номатлуб, ҷамъ кардан ва партофтани обҳои зеризаминӣ ва истифодашуда таъйин шудаанд;
- истифодабарандагони об – шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ, ки об ва объектҳои обро дар асоси шартнома ё иҷозати дахлдор истифода мебаранд;
- ҳаққи узвият – маблағи пулие, ки ҳар як узви ассотсиатсияи истифодабарандагони об ҳамчун тасдиқи узвият месупорад ва барои таъмини фаъолияти ассотсиатсия равона карда мешавад;
- тарифи хизмати обрасонӣ – маблағи пулие, ки андозаи он бо тартиби пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шуда, аз тарафи истифодабарандагони об барои ҳаҷми оби расонидашуда пардохт мегардад;
- минтақаи  хизматрасонии ассотсиатсияи истифодабарандагони об (минбаъд - минтақаи хизматрасонӣ) – ҳудуди муайяни ҷуғрофӣ, ки ассотсиатсияи истифодабарандагони об дар он хизмати обрасониро амалӣ менамояд;
- нақшаи истифодабарии об – ҳуҷҷате, ки ҳаҷм, тартиб ва муҳлати ба истифодабарандагони об расонидани оби полезиро бо назардошти сохтори кишти зироатҳои обёришаванда ва меъёрҳои обёрӣ муқаррар менамояд;
- шабакаи мелиоративии дохили минтақаи хизматрасонӣ – маҷмӯи иншооти гидротехникии бо ҳам алоқаманди минтақаи хизматрасонӣ, ки барои мақсадҳои обёрӣ, ҷамъ кардан ва партофтани обҳои зеризаминӣ ва истифодашуда таъйин шудаанд. 
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. 
 
Моддаи 3. Вазифаҳои ассотсиатсияи истифодабарандагони об
Вазифаҳои ассотсиатсияи истифодабарандагони об аз инҳо иборат мебошанд:
- таъмини истифодаи босамари шабакаи мелиоративии дохили минтақаи хизматрасонӣ, сари вақт ва тибқи шартнома расонидан ва тақсим намудани об дар байни аъзои ассотсиатсия ва истифодабарандагони дигари об; 
- таъмини истифодаи сарфакоронаи оби полезӣ ва пешгирии ифлосшавии он;
- ҳифз ва беҳдошти ҳолати мелиоративии замин;
- баланд бардоштани савияи дониш ва таҷрибаи аъзои ассотсиатсия оид ба истифодаи усулҳои камхарҷи обёрӣ, техника ва технологияҳои нав;
- нигоҳдорӣ ва таъмири саривақтии иншооти гидротехникӣ. 
 
Моддаи 4. Принсипҳои фаъолияти ассотсиатсияи истифодабарандагони об
Фаъолияти ассотсиатсияи истифодабарандагони об ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- ҳадафмандии техникию иқтисодии ташкили фаъолият дар минтақаи хизматрасонӣ;
- адолатнокӣ ва баробарҳуқуқии аъзои ассотсиатсия дар идоракунӣ;
- тақсими об мутобиқи меъёрҳои обёрӣ ва нақшаҳои истифодабарии об;
- шаффофияти фаъолият; 
- риоя ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзо.
 
БОБИ 2. ДАСТГИРИИ ДАВЛАТӢ ВА ҲАМОҲАНГСОЗИИ ФАЪОЛИЯТИ АССОТСИАТСИЯҲОИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ОБ
 
Моддаи 5. Дастгирии давлатии ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об 
1. Дастгирии давлатии ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об бо мақсади таъмини фаъолияти устувори онҳо, истифодаи самараноки  иншооти гидротехникӣ, ҳифз ва истифодаи сарфакоронаи захираҳои об ва замин амалӣ карда мешавад. 
2. Дастгирии давлатии ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об дар шакли кумакҳои молиявӣ, имтиёзҳои андозӣ ва қарзӣ, шаклҳои дигари ҳавасмандгардонии фаъолият дар доираи барномаҳои давлатӣ, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд, амалӣ мегардад.
Моддаи 6. Ҳамоҳангсозии фаъолияти ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об 
1. Ҳамоҳангсозии фаъолияти ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти ассотсиатсияи истифодабарандагони об (минбаъд – мақоми ваколатдори давлатӣ), ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, амалӣ магардад.
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ ваколатҳои зеринро амалӣ менамояд:
- пешбурди китоби бақайдгирии ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об;
- расонидани кумаки методӣ ва машваратӣ ба ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об дар масъалаҳои ҳуқуқӣ, молиявӣ ва техникии истифодаи об;
- таҳия ва тасдиқи қоида, дастурамал ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор оид ба истифодабарандагони об;
- баррасӣ ва мувофиқа кардани асосноккунии техникиву иқтисодии таъсиси ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ва харитаи минтақаи хизматрасонии онҳо;
- назорати истифода ва ҳифзи об, инчунин назорати истифодаи иншооти гидротехникии дар истифодаи ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об қарордошта;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 7. Муносибатҳои меҳнатӣ дар ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об
1. Муносибатҳои меҳнатӣ дар ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об мутобиқи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешаванд.
2. Кормандони доимӣ ва мавсимии ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суғуртаи иҷтимоӣ ва таъминоти иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд. 
 
БОБИ 3. ТАЪСИС, АЗНАВТАШКИЛДИҲӢ ВА БАРҲАМДИҲИИ  АССОТСИАТСИЯИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ОБ
 
Моддаи 8. Таъсиси ассотсиатсияи истифодабарандагони об
1. Ассотсиатсияи истифодабарандагони об дар асоси қарори муассисон таъсис дода мешавад.
2. Муассисони ассотсиатсияи истифодабарандагони об шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки обро барои обёрии заминҳои кишоварзӣ, қонеъ гардондани талаботи истеҳсолӣ ва ба мақсадҳои хоҷагию маишӣ истифода мебаранд. Муассисон гурӯҳи ташаббускорро таъсис медиҳанд ва санаи даъвати нахустмаҷлиси умумии ассотсиатсияро муайян менамоянд.
3. Гурӯҳи ташаббускор корҳои зеринро анҷом медиҳад:
- минтақаи хизматрасонӣ ва шумораи истифодабарандагони обро дар минтақаи мазкур муайян мекунад; 
- ба истифодабарандагони об зарурат ва мақсади таъсиси ассотсиатсия, ҳуқуқу уҳдадориҳои аъзои онро мефаҳмонад;
- асосноккунии техникиву иқтисодии таъсиси ассотсиатсияро таҳия менамояд;
- харитаи минтақаи хизматрасониро бо нишон додани ҳамаи иншооти мавҷудаи гидротехникӣ ва қитъаҳои замини истифодабарандагони об дар мувофиқа бо сохтори маҳаллии мақоми ваколатдори давлатӣ тартиб медиҳад;
- лоиҳаи ҳуҷҷатҳои таъсисии ассотсиатсияро таҳия менамояд.
4. Қарор дар бораи таъсис додани ассотсиатсия ва ташкили мақомоти идоракунии он аз ҷониби маҷлиси умумӣ қабул карда мешавад.
5. Ассотсиатсияи истифодабарандагони об аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ҳамчун шахси ҳуқуқӣ фаъолият менамояд. 
 
Моддаи 9. Оинномаи ассотсиатсияи истифодабарандагони об
Оинномаи ассотсиатсияи истифодабарандагони об маълумоти зеринро дар бар мегирад:
- ном, мақсад, вазифаҳо ва маҳалли ҷойгиршавии ассотсиатсия;
- принсипҳои асосии фаъолияти ассотсиатсия;
- ҳуқуқу уҳдадориҳои ассотсиатсия ва аъзои он;
- шартҳо ва тартиби қабул ба узвияти ассотсиатсия ва баромадан аз он, инчунин асосҳо барои хориҷ кардан аз узвият;
- сохтор, ҳайат ва салоҳияти мақомоти идоракунии асостсиатсия, аз ҷумла салоҳияти маҷлиси умумӣ, тартиби ташкили мақоми иҷроия ва назорату тафтишӣ, инчунин масъалаҳое, ки ба ваколатҳои маҷлиси умумӣ мансубанд, тартиби қабули қарорҳо, тартиби нигоҳдории ҳуҷҷатҳои ассотсиатсия;
- тартиби ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод намудани директор ва сармуҳосиби мудирияти ассотсиатсия;
- манбаъҳои ташаккулёбии воситаҳои молиявӣ ва моликияти ассотсиатсия, ташаккул ва истифодаи фонди рушди ассотсиатсия;
- тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба оинномаи ассотсиатсия;
- тартиби таъсиси ҳудудҳои алоҳидаи истифодабарандагони об;
- тартиби ҷуброни зараре, ки аз тарафи ассотсиатсия ба аъзои он, инчунин зараре, ки аз тарафи аъзо ба ассотсиатсия расонида шудааст;
- тартиб ва шакли иштироки аъзои ассотсиатсия дар ҳалли масъалаҳои умумии хоҷагидорӣ; 
- тартиби азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии ассотсиатсия;
- маълумоти дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
Моддаи 10. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии ассотсиатсияи истифодабарандагони об 
Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии ассотсиатсияи истифодабарандагони об дар асоси қарори маҷлиси умумӣ ё қарори суд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
 
БОБИ 4. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ АССОТСИАТСИЯИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ОБ, АЪЗОИ ОН ВА ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ДИГАРИ ОБ
 
Моддаи 11. Ҳуқуқҳои ассотсиатсияи истифодабарандагони об 
Ассотсиатсияи истифодабарандагони об ҳуқуқ дорад:
- бо сохтори маҳаллии мақоми ваколатдори давлатӣ дар хусуси обрасонӣ шартнома бандад;
- дар минтақаи хизматрасонии худ бо тартиби муқарраргардида таҷҳизоту дастгоҳҳои гидротехникиро насб кунад, иваз намояд ва хизматрасонии онҳоро анҷом диҳад;
- сари вақт ва тибқи шартномаи басташуда аз сохтори маҳаллии мақоми ваколатдори давлатӣ ҳаҷми дархостшудаи обро гирад; 
- барои таъмини фаъолияти устувор, сари вақт ба мавсими обдиҳӣ омода сохтан ва дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани иншооти гидротехникии дар истифода қарордошта воситаҳои молиявии ассотсиатсияро истифода барад;
- бо мақсади амалисозии вазифаҳои оинномавӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ таъсис диҳад ё иштирокчии онҳо шавад;
- барои таъмир ва барқарорсозии иншооти гидротехникӣ, ки дар истифодаи ассотсиатсия қарор доранд, оид ба хариди таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётӣ, аз ҷумла берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартнома бандад;
- бо назардошти талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо нигоҳ доштани вазифаҳои мақсаднок, иншооти гидротехникиро, ки моликияти давлат мебошанд ва дар минтақаи хизматрасонӣ ҷойгиранд, ба истифода гирад;
- дар асоси иҷозат барои истифодаи махсуси об ва дар мувофиқа бо сохтори маҳаллии мақоми ваколатдори давлатӣ аз объектҳои табиӣ оби полезиро гирад;
- барои таъмини фаъолияти устувор ва ҳалли вазифаҳои оинномавӣ  фонди рушди ассотсиатсия ва дигар фондҳоро таъсис диҳад;
- барои амалисозии вазифаҳои оинномавӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мақомоти давлатӣ маълумоти заруриро гирад;
- дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои дигар манфиатҳои аъзои ассотсиатсияро намояндагӣ ва ҳифз намояд.
 
Моддаи 12. Уҳдадориҳои ассотсиатсияи истифодабарандагони об
1. Ассотсиатсияи истифодабарандагони об уҳдадор аст:
- дар муддати як моҳ пас аз бақайдгирии давлатӣ, ба мақоми ваколатдори давлатӣ нусхаи оиннома, харитаи минтақаи хизматрасонӣ ва шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии ассотсиатсияро пешниҳод намояд; 
- иншооти гидротехникии дар истифода қарордоштаро дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ дорад;
- охири сол нақшаи истифодабарии обро барои соли оянда, ки тибқи сохтори кишти зироатҳои обёришаванда ва меъёрҳои обёрӣ дар асоси дархости аъзои ассотсиатсия ва истифодабарандагони дигари об омода карда мешавад, ба сохтори маҳаллии мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод намояд ва дар асоси он шартнома бандад;
- сари вақт дар асоси шартномаҳои басташуда ҳаҷми муқарраршудаи обро ба аъзои ассотсиатсия ва истифодабарандагони дигари об расонад, назорати истифодаи об ва риояи меъёрҳои обёрӣ, агротехникӣ ва агромелиоративиро дар байни аъзои ассотсиатсия ба роҳ монад;
- оид ба ҳифзи муҳити зист, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии замин, пешгирӣ ва бартараф намудани оқибати офатҳои табиӣ дар минтақаи хизматрасонӣ тадбирҳо андешад;
- дар мувофиқа бо сохтори маҳаллии мақоми ваколатдори давлатӣ дар минтақаи хизматрасонӣ корҳои таъмир, барқарорсозӣ ва таҷдиди иншооти гидротехникӣ, инчунин бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони иншооти навро анҷом диҳад;
- пешниҳодҳои аъзои ассотсиатсияро оид ба беҳтар кардани фаъолият баррасӣ намояд;
- мувофиқи шартнома ва ҳаҷми оби воқеан гирифташуда пардохти маблағҳои пулиро, ки дар асоси тарифҳои муқарраргардидаи хизмати обрасонӣ ҳисоб карда шудаанд, ба суратҳисоби сохтори маҳаллии мақоми ваколатдори давлатӣ ба роҳ монад;
- ҳаҷми об, ҳангоми зарурат, сифати оби гирифташуда ва истифодагардидаро ба ҳисоб гирад, ҳисоботи оморӣ ва ҳисоботи дигари муқарраргардидаро ба мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақоми омори давлатӣ пешниҳод намояд;
- уҳдадориҳои дигарро оид ба беҳтар кардани ҳолати мелиоративии замин, ҳифз ва истифодаи сарфакоронаи об дар минтақаи хизматрасонӣ анҷом диҳад.
2. Ассотсиатсияи истифодабарандагони об аз рӯи уҳдадориҳои аъзои худ масъул намебошад.
 
Моддаи 13. Ҳуқуқҳои аъзои ассотсиатсияи истифодабарандагони об 
1. Аъзои ассотсиатсияи истифодабарандагони об ҳуқуқ доранд:
- дар асоси шартномаҳои басташуда, ки тибқи сохтори кишти зироатҳои обёришаванда ва меъёрҳои обёрӣ таҳия шудаанд, аз ассотсиатсия ҳаҷми зарурии оби полезиро гиранд;
- дар маҷлиси умумии ассотсиатсия ё маҷлиси ҳудудҳои алоҳидаи он (ҳангоми таъсиси чунин ҳудудҳо) иштирок кунанд, ба рӯзномаи маҷлис таклиф пешниҳод кунанд ва зимни қабули қарорҳо ширкат намоянд;
- номзадии худ ва номзадии аъзои дигари ассотсиатсияро ба мансаби раиси ассотсиатсия, аъзои шӯро ва комиссияҳои ассотсиатсия пешбарӣ намоянд;
- дар ҳолатҳои риоя нашудани шартнома, ки дар натиҷаи он ба фаъолияти хоҷагидорӣ ё манфиатҳои дигари онҳо зарар расонда шудааст, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ассотсиатсия ҷуброни зарарро талаб намоянд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи оиннома аз ҳайати ассотсиатсия бароянд.
2. Оинномаи ассотсиатсияи истифодабарандагони об метавонад барои аъзои ассотсиатсия ҳуқуқҳои дигарро, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд, пешбинӣ намояд.
 
Моддаи 14. Уҳдадориҳои аъзои ассотсиатсияи истифодабарандагони об
1. Аъзои ассотсиатсияи истифодабарандагони об уҳдадоранд:
- муқаррароти оинномаи ассотсиатсияро риоя кунанд, қарорҳои шӯро, маҷлиси умумӣ ва маҷлиси ҳудудҳои алоҳидаи ассотсиатсияро (ҳангоми таъсиси чунин ҳудудҳо) иҷро намоянд;
- охири ҳар сол барои ҳаҷми оби соли оянда гирифташаванда мутобиқ ба сохтори кишти зироатҳои обёришаванда ва меъёрҳои обёрӣ ба ассотсиатсия дархост пешниҳод намоянд;
- сари вақт маблағҳои ҳаққи узвиятро ба суратҳисоби ассотсиатсия ва хизмати обрасониро ба суратҳисоби сохтори маҳаллии мақоми ваколатдори давлатӣ пардохт намоянд;
- ҷадвали тақсимоти обро дар байни аъзои ассотсиатсия ва истифодабарандагони дигари об, инчунин меъёрҳои обёрӣ, агротехникӣ ва агромелиоративиро ҳангоми истифодаи оби полезӣ дар минтақаи хизматрасонӣ риоя намоянд;
- шабакаи мелиоративии дохили минтақаи хизматрасонӣ ва иншооти гидротехникии дар истифода қарордоштаро дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доранд, ба бадшавии ҳолати мелиоративии замин роҳ надиҳанд;
- зарареро, ки аз тарафи онҳо ба молу мулки ассотсиатсия ва истифодабарандагони дигари об расонда шудааст, ҷуброн намоянд;
- пешбурди омори истифодаи об ва заминро анҷом диҳанд, сари вақт ва дар шакли муқарраргардида ба мақомоти дахлдор ҳисоботи муқарраршударо пешниҳод намоянд;
- барои иҷрои корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар иншооти гидротехникӣ, ки дар  қитъаи замини онҳо ҷойгиранд, монеъ нашаванд.
2. Оинномаи ассотсиатсияи истифодабарандагони об метавонад барои аъзои ассотсиатсия уҳдадориҳои дигарро, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд, пешбинӣ намояд.
3. Аъзои ассотсиатсияи истифодабарандагони об аз рӯи уҳдадориҳои ассотсиатсия масъул нестанд.
 
Моддаи 15. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои истифодабарандагони дигари об
1. Истифодабарандагони об, ки дар асоси шартномаи иҷора ба муҳлати на камтар аз се сол соҳиби ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин мебошанд, бо розигии хаттии иҷорадиҳанда ё ҳангоми дар шартномаи иҷора мавҷуд будани муқаррароти дахлдор дар ин бора метавонанд узви ассотсиатсияи истифодабарандагони об шаванд.
2. Истифодабарандагони об, ки аъзои ассотсиатсия нестанд, ҳуқуқ доранд:
- дар минтақаи хизматрасонӣ фаъолияти хоҷагидорӣ баранд ва дар асоси шартномаҳои басташуда аз ассотсиатсия ҳаҷми муқарраршудаи оби полезиро гиранд;
- дар асоси шартномаҳо аз хизматрасонии ҳуқуқӣ, техникӣ ва машваратии ассотсиатсия оид ба истифодаи оби полезӣ  истифода баранд; 
- дар ҳолатҳои риоя нагардидани шартнома, ки дар натиҷаи он ба фаъолияти хоҷагидорӣ ё манфиатҳои дигари онҳо зарар расонида шудааст, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ассотсиатсия ҷуброни зарарро талаб намоянд.
3. Истифодабарандагони об, ки аъзои ассотсиатсия намебошанд, уҳдадоранд:
- охири ҳар сол оид ба ҳаҷми оби дархостшаванда бо ассотсиатсия шартнома банданд ва шартҳои онро иҷро намоянд;
- маблағи хизмати обрасониро сари вақт ба сохтори маҳаллии мақоми ваколатдори давлатӣ пардохт намоянд;
- зарареро, ки аз тарафи онҳо ба молу мулки ассотсиатсия ва истифодабарандагони дигари об расонида шудааст, ҷуброн намоянд.
4. Дар шартномаи хизмати обрасонӣ байни ассотсиатсия ва истифодабарандагони дигари об, ки аъзои ассотсиатсия намебошанд, метавонанд ҳуқуқу уҳдадориҳои дигар пешбинӣ шаванд.
 
БОБИ 5. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ АССОТСИАТСИЯИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ОБ
 
Моддаи 16. Мақомоти идоракунии ассотсиатсияи истифодабарандагони об
1. Мақомоти идоракунии ассотсиатсияи истифодабарандагони об инҳо мебошанд:
- маҷлиси умумии ассотсиатсия;
- шӯрои ассотсиатсия;
- комиссияи тафтишотии ассотсиатсия;
- комиссия оид ба ҳалли баҳсҳо;
- мудирияти ассотсиатсия.
2. Иҷрои қарорҳои маҷлиси умумӣ ва шӯрои ассотсиатсия барои аъзо ва мудирияти ассотсиатсия ҳатмӣ мебошад.
 
Моддаи 17. Маҷлиси умумии ассотсиатсияи истифодабарандагони об
1. Маҷлиси умумӣ мақоми олии идоракунии ассотсиатсияи истифодабарандагони об мебошад, ки дар як сол на кам аз як маротиба даъват карда мешавад.
2. Ба ваколатҳои маҷлиси умумии ассотсиатсия масъалаҳои зерин дохил мешаванд:
- тасдиқи оинномаи ассотсиатсия, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он;
- интихоби раиси ассотсиатсия ва муовини он;
- таъсиси шӯро, комиссияи тафтишотӣ ва комиссия оид ба ҳалли баҳсҳо, интихоби аъзои онҳо;
- тасдиқи низомномаҳои шӯро, комиссияи тафтишотӣ, комиссияи ҳалли баҳсҳо ва мудирияти ассотсиатсия;
- тасдиқи нақшаи солонаи фаъолият, сметаи даромаду хароҷот ва рӯйхати мансабҳои мудирияти ассотсиатсия;
- тасдиқи ҳисоботи солонаи молиявии ассотсиатсия;
- тасдиқи фонди рушди ассотсиатсия ва дигар фондҳо;
- қабули қарор дар хусуси ба истифода гирифтани иншооти гидротехникӣ, ки моликияти давлатӣ буда, дар минтақаи хизматрасонӣ ҷойгир мебошанд;
- муайян намудани тартиби овоздиҳӣ ва қабули қарорҳои маҷлиси умумӣ;
- тасдиқи андоза ва тартиби пардохти маблағҳои ҳаққи узвият ва намудҳои хизматрасонӣ ба аъзои ассотсиатсия, инчунин истифодабарандагони дигари об;
- баррасии дурнамои сохтори кишти зироатҳои обёришаванда, тасдиқи нақшаи истифодабарии об бо назардошти дархости аъзои ассотсиатсия ва истифодабарандагони дигари об;
- баррасӣ ва қабули ҳисоботи шӯро, комиссияҳо ва мудирияти ассотсиатсия;
- қабули дастур, қоидаҳо ва ҳуҷҷатҳои дигари дохилии танзимкунандаи фаъолияти ассотсиатсия;
- қабули қарор оид ба азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии ассотсиатсия, инчунин узвият ба иттифоқи ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ва баромадан аз он.
3. Маҷлиси умумӣ дар шакли иштироки аъзои ассотсиатсияи истифодабарандагони об ё намояндаҳои ваколатдор аз ҳудудҳои алоҳидаи минтақаи хизматрасонӣ гузаронида мешавад. Маҷлиси умумӣ дар сурати ҳузур доштани аз се ду ҳиссаи аъзо ё намояндаҳо аз ҳудудҳои алоҳидаи минтақаи хизматрасонӣ босалоҳият ҳисобида мешавад. 
4. Маҷлиси умумиро раис ва дар сурати ҳузур надоштани ӯ муовини раиси ассотсиатсияи истифодабарандагони об мебарад. Раиси ассотсиатсия дар як вақт раиси шӯро мебошад.
5. Қарорҳои маҷлиси умумӣ бо тарафдории аксарияти овозҳои иштироккунандагони маҷлис қабул карда мешаванд.
6. Протоколҳои маҷлиси умумӣ аз ҷониби раисикунандаи маҷлис имзо шуда, бо муҳр тасдиқ мегарданд ва дар парвандаҳои ассотсиатсияи истифодабарандагони об доимӣ нигоҳ дошта мешаванд.
7. Талаботи қисмҳои 4, 5 ва 6 моддаи мазкур нисбат ба протоколҳои ҷаласаҳои шӯро, комиссияи тафтишотӣ ва комиссия оид ба ҳалли баҳсҳои ассотсиатсияи истифодабарандагони об низ татбиқ мешаванд. 
8. Тартиби даъват намудан ва гузаронидани маҷлисҳои умумии навбатӣ ва ғайринавбатиро оинномаи ассотсиатсия муайян менамояд. 
9. Маҷлиси умумии ғайринавбатӣ бо ташаббуси шӯро, комиссияи тафтишотӣ ё бо ташаббуси на камтар аз 10 фоизи аъзои ассотсиатсия даъват карда мешавад.
10. Шӯрои ассотсиатсия ба таври хаттӣ аъзои ассотсиатсияро дар хусуси даъват намудан, рӯзнома, вақт ва ҷойи гузаронидани маҷлиси умумӣ 10 рӯз пеш огоҳ мекунад. 
 
Моддаи 18. Ҳудудҳои алоҳидаи минтақаи хизматрасонӣ 
1. Ҳудудҳои алоҳидаи минтақаи хизматрасонӣ ҳангоми зиёд будани шумораи аъзо ва мушкил будани даъвати маҷлиси умумӣ бо тартиби пешбининамудаи оинномаи ассотсиатсия, бо назардошти ҷойгиршавии қитъаҳои замини аъзо, аз ҷумла қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ, таъмини устувори онҳо бо оби полезӣ ва ҳолати воқеии иншооти гидротехникӣ муайян карда мешаванд.
2. Ҳар як ҳудуди алоҳидаи минтақаи хизматрасонӣ ба маҷлиси умумӣ намояндаи (намояндагони) ваколатдори худро бо ҳуқуқи овоздиҳӣ пешбарӣ ва интихоб менамояд. Шумораи намояндагони ваколатдори ҳудудҳои мазкурро шӯрои ассотсиатсия ҳангоми даъвати маҷлиси умумӣ муайян мекунад. 
 
Моддаи 19. Шӯрои ассотсиатсияи истифодабарандагони об 
1. Шӯрои ассотсиатсияи истифодабарандагони об мақоми машваратии ассотсиатсия буда, аз ҷониби маҷлиси умумӣ интихоб  карда мешавад. 
2. Ба ваколатҳои шӯрои ассотсиатсия дохил мешаванд:
- назорати иҷрои қарорҳои маҷлиси умумӣ ва фаъолияти мудирияти ассотсиатсия;
- баррасӣ ва қабули қарорҳо оид ба масъалаҳои гирифтани қарзҳо, грантҳо, кумакҳои дигари молиявӣ ва техникӣ;
- назорати иҷрои сметаи даромад ва хароҷоти ассотсиатсия;
- идоракунии фонди рушди ассотсиатсия ва дигар фондҳо;
- даъват намудани маҷлиси умумии ассотсиатсия ва омода намудани рӯзномаи маҷлис;
- муайян намудани шумораи намояндагон аз ҳудудҳои алоҳидаи минтақаи хизматрасонӣ (ҳангоми таъсиси чунин ҳудудҳо) барои иштирок дар маҷлиси умумӣ;
- баррасӣ ва ба маҷлиси умумии ассотсиатсия пешниҳод намудани ҳисоботи солонаи мудирият оид ба истифодаи маблағҳои сметаи даромад ва хароҷоти ассотсиатсия, кумакҳои дигари молиявӣ ва техникӣ бо эроду пешниҳодҳои дахлдор;
- назорати риояи оинномаи ассотсиатсия аз ҷониби аъзои он;
- хориҷ намудани аъзои ассотсиатсия, қабули аъзои нав;
- бо тартиби муқаррарнамудаи оиннома ба кор қабул ва аз кор озод намудани директор ва сармуҳосиби мудирият;
- ваколатҳои дигар, ки аз ҷониби маҷлиси умумии ассотсиатсия ба шӯро вогузор гардидаанд.
3. Маҷлисҳои шӯро ҳангоми зарурат, вале на камтар аз як маротиба дар се моҳ гузаронида мешаванд. 
 
Моддаи 20. Комиссияи тафтишотии ассотсиатсияи истифодабарандагони об 
1. Бо мақсади назорати фаъолияти молиявии ассотсиатсияи истифодабарандагони об маҷлиси умумӣ аз ҳисоби аъзои худ комиссияи тафтишотии ассотсиатсияро дар ҳайати на камтар аз се нафар таъсис медиҳад. Аъзои комиссияи тафтишотӣ наметавонанд дар як вақт аъзои шӯро ва комиссия оид ба ҳалли баҳсҳо бошанд.
2. Аъзои комиссияи тафтишотӣ раиси комиссияро аз ҳайати худ  интихоб менамоянд. 
3. Комиссияи тафтишотӣ фаъолияти молиявии ассотсиатсияи истифодабарандагони обро дар асоси натиҷаҳои соли молиявӣ санҷида, оид ба натиҷаи санҷиш ба маҷлиси умумӣ барои қабули қарори дахлдор хулоса пешниҳод менамояд. 
4. Санҷиши ғайринавбатии фаъолияти молиявии ассотсиатсияи истифодабарандагони об дар асоси қарори шӯро ё бо талаби на камтар аз 10 фоизи аъзои ассотсиатсия гузаронида мешавад. 
 
Моддаи 21. Комиссия оид ба ҳалли баҳсҳо
1. Барои ҳалли баҳсҳое, ки дар байни аъзои ассотсиатсияи истифодабарандагони об, ассотсиатсия ва аъзои он, инчунин истифодабарандагони дигари об дар минтақаи хизматрасонӣ пайдо мешаванд, бо қарори маҷлиси умумӣ дар ҳайати на камтар аз се нафар комиссия оид ба ҳалли баҳсҳо таъсис дода мешавад. Аъзои комиссия оид ба ҳалли баҳсҳо наметавонанд дар як вақт аъзои шӯро ва комиссияи тафтишотии ассотсиатсия бошанд.
2. Доир ба натиҷаи кори комиссия оид ба ҳалли баҳсҳо санад тартиб дода, қарори дахлдор бо имзои ҳамаи аъзо қабул карда мешавад, ки иҷрои он барои тарафҳо ҳатмӣ мебошад. Баррасии баҳсҳо ва қабули қарор оид ба онҳо дар муддати на дертар аз 10 рӯз пас аз қабули муроҷиат амалӣ мегардад. 
3. Ҳангоми дар комиссия ҳал нагардидани баҳсҳо, онҳо мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби судӣ баррасӣ карда мешаванд.
 
Моддаи 22. Мудирияти ассотсиатсияи истифодабарандагони об
1. Мақоми иҷроияи ассотсиатсияи истифодабарандагони об мудирият мебошад.
2. Ба ваколатҳои мудирияти ассотсиатсияи истифодабарандагони об ҳалли масъалаҳое дохил мешаванд, ки бо Қонуни мазкур ва оинномаи ассотсиатсия ба ваколатҳои истисноии маҷлиси умумӣ, шӯро ва комиссияи тафтишотии он мансуб дониста нашудаанд.
3. Муносибатҳои меҳнатии директор ва сармуҳосиб бо ассотсиатсияи истифодабарандагони об дар асоси шартномаи меҳнатӣ сурат мегиранд. Директор ва сармуҳосиб наметавонанд аъзои ассотсиатсия бошанд.
4. Директори мудирият дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- дар асоси ваколатнома аз номи ассотсиатсия дар доираи муқаррароти Қонуни мазкур ва оинномаи ассотсиатсия амал мекунад;
- ассотсиатсияро дар муносибат бо мақомоти давлатӣ, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ намояндагӣ мекунад;
- дар доираи ваколатҳои худ молу мулки ассотсиатсияро идора менамояд, аз номи ассотсиатсия ваколатнома медиҳад;
- дар бонкҳо ва ташкилотҳои дигари қарзӣ суратҳисоби ассотсиатсияро мекушояд;
- мутобиқи сметаи тасдиқшуда даромад ва хароҷоти воситаҳои молиявии ассотсиатсияро идора мекунад;
- кормандони доимӣ ва мавсимиро ба кор қабул ва аз кор озод мекунад, вазифа ва уҳдадориҳои онҳоро муайян менамояд;
- фармонҳо мебарорад, қарорҳои маҷлиси умумӣ ва шӯрои ассотсиатсияро иҷро мекунад;
- лоиҳаи нақшаи истифодабарии обро дар асоси дархости аъзои ассотсиатсия ва истифодабарандагони дигари об, бо назардошти сохтори кишти зироатҳои обёришаванда ва меъёрҳои обёрӣ, инчунин сметаи даромаду хароҷот ва нақшаи солонаи фаъолияти ассотсиатсияро таҳия ва барои тасдиқ ба маҷлиси умумии ассотсиатсия пешниҳод менамояд; 
- дар асоси нақшаи истифодабарии об оид ба таъмини оби полезӣ бо сохтори маҳаллии мақоми ваколатдори давлатӣ аз номи ассотсиатсия шартнома мебандад;
- бо мақсади ҳалли масъалаҳои таъхирнопазир, ки ба ваколатҳои мудирият дохил намешаванд, оид ба даъват намудани маҷлиси ғайринавбатии шӯрои ассотсиатсия таклиф пешниҳод мекунад.
5. Бо қарори шӯро ба зиммаи директори мудирият метавонанд ваколатҳои дигар вогузор карда шаванд. 
6. Директори мудирият уҳдадориҳои зеринро иҷро мекунад:
- ҷадвали обрасониро дар мувофиқа бо ҳамаи истифодабарандагони об дар минтақаи хизматрасонӣ таҳия менамояд;
- тибқи шартномаҳои басташуда, нақшаи истифодабарии об ва ҷадвали обрасонӣ аъзои ассотсиатсия ва истифодабарандагони дигари обро, ки дар минтақаи хизматрасонӣ ҷойгиранд, сари вақт ва пурра бо оби полезӣ таъмин менамояд;
- рӯйхати аъзои ассотсиатсия ва истифодабарандагони дигари обро, ки аз тарафи ассотсиатсия ба онҳо хизмат расонида мешавад, бо нишон додани сохтори кишти зироатҳои обёришаванда тартиб медиҳад, ба он тағйиру иловаҳои дахлдор ворид менамояд; 
- рӯйхати иншооти гидротехникии дар истифодаи ассотсиатсия қарордоштаро бо тавсифи иқтидор ва нишондиҳандаҳои дигари техникӣ тартиб медиҳад;
- сарфаи об ва ҳифзи он, ҳамчунин истифодаи босамари иншооти гидротехникии дар истифодаи ассотсиатсия қарордоштаро таъмин менамояд;
- оби гирифташуда, истифодашуда ва партофташударо ба ҳисоб мегирад ва ба мақомоти дахлдор дар ин бора ҳисоботи муқарраршударо пешниҳод менамояд;
- ҷамъоварии маблағи ҳаққи узвият ва дигар пардохтҳои муқарраршударо ба роҳ мемонад;
- пардохти маблағи хизмати обрасониро ба суратҳисоби сохтори маҳаллии мақоми ваколатдори давлатӣ таъмин менамояд;
- иҷрои уҳдадориҳои молиявии ассотсиатсияро таъмин менамояд.
 
БОБИ 6. МОЛИКИЯТ ВА ВОСИТАҲОИ МОЛИЯВИИ АССОТСИАТСИЯИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ОБ
 
Моддаи 23. Моликияти ассотсиатсияи истифодабарандагони об
1. Ассотсиатсияи истифодабарандагони об метавонад дар моликияти худ бино, иншоот, нақлиёт, таҷҳизот, дастгоҳҳо ва техникаи таъйиноти мелиоративӣ, молу мулки дигар ва воситаҳои молиявӣ, ки барои таъмини фаъолияти хоҷагидорӣ заруранд, дошта бошад. 
2. Ассотсиатсияи истифодабарандагони об ҳуқуқи фурӯхтан ё ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дигар, инчунин соҳибкорони инфиродӣ ба иҷора ё иҷораи фаръӣ додани иншооти гидротехникиро, ки моликияти давлат мебошанд ва барои истифода ба ихтиёри он дода шудаанд, надорад. Ҳангоми барҳам додани ассотсиатсияи истифодабарандагони об иншооти мазкур аз рӯи мансубият ба моликон баргардонда мешаванд.
 
Моддаи 24. Воситаҳои молиявии ассотсиатсияи истифодабарандагони об 
1. Воситаҳои молиявии ассотсиатсияи истифодабарандагони об аз ҳисоби манбаъҳои зерин ташаккул меёбанд:
- ҳаққи узвият ва пардохтҳои дигари аъзои ассотсиатсия ва истифодабарандагони дигари об; 
- грантҳо ва қарзҳо;
- пасандозҳои дар бонкҳо гузошташуда;
- хайрияҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- манбаъҳои дигар, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
2. Воситаҳои молиявии ассотсиатсияи истифодабарандагони об барои пардохти музди меҳнати кормандон, андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, таъмир ва нигоҳдории иншооти гидротехникии дар истифодаи ассотсиатсия қарордошта, беҳдошти замин, хариди техника ва таҷҳизоти махсус, қисмҳои эҳтиётӣ ва дигар молу мулке, ки барои таъмини иҷрои вазифаҳои оинномавӣ заруранд, инчунин ҷорӣ намудани усулу технологияи сарфакунанда ва ҳифзкунандаи об, бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода дар минтақаи хизматрасонӣ истифода бурда мешаванд.
 
 
Моддаи 25. Тартиби ҳисоботдиҳии ассотсиатсияи истифодабарандагони об 
1. Ассотсиатсияи истифодабарандагони об бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти давлатӣ ҳисоботи дахлдорро оид ба фаъолияти молиявӣ, истифодаи об, замин ва захираҳои дигари табиӣ пешниҳод менамояд.
2. Ҳисоботи солонаи молиявии ассотсиатсияи истифодабарандагони об пас аз санҷиши комиссияи тафтишотӣ аз ҷониби маҷлиси умумӣ тасдиқ гардида, ба мақомоти андоз пешниҳод карда мешавад.
 
БОБИ 7. ИТТИФОҚИ АССОТСИАТСИЯҲОИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ОБ
 
Моддаи 26. Тартиби таъсис ва амалисозии фаъолияти иттифоқи ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об 
1. Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолият, идоракунӣ, истифодабарӣ ва хизматрасонии муштараки техникии иншооти гидротехникии дар истифодаи умум қарордошта метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаҳои наҳрҳои магистралӣ, воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва дар сатҳи ҷумҳуриявӣ муттаҳид шаванд ва иттифоқҳои ассотсиатсияҳои истифодабарандагони обро таъсис диҳанд. 
2. Иттифоқи ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об аз ҷониби ду ва зиёда ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ба таври ихтиёрӣ таъсис дода мешавад. 
3. Иттифоқи ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ташкилоти ғайритиҷоратӣ буда, метавонад дар бонкҳо суратҳисоб ва ҳисобҳои дигар кушояд, муҳр ва бланк дошта бошад. 
4. Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, ки аъзои иттифоқи ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об мебошанд, мустақилияти худро нигоҳ медоранд.
5. Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об аз рӯи уҳдадориҳои иттифоқи ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, ҳамчунин иттифоқи ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об аз рӯи уҳдадориҳои ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об масъул нестанд.
6. Иттифоқи ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ба қайди давлатӣ гирифта мешавад. 
7. Фаъолияти иттифоқи ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад. 
8. Иттифоқи ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об тибқи оинномаи худ метавонад шӯро, комиссия ва сохторҳои дигари дахлдорро таъсис диҳад. 
 
Моддаи 27. Вазифаҳои иттифоқи ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об
1. Вазифаҳои асосии иттифоқи ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об аз инҳо иборат мебошанд:
- ҳифзи манфиатҳои ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои дигар, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ; 
- намояндагии ассотсиатсияҳо дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои дигар, Шӯрои ҳавзавии дарёҳо ва дар мавридҳои зарурӣ дар Шӯрои миллии об;
- хизматрасонии таълимию машваратӣ ба ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об оид ба ҳифз ва истифодаи сарфакоронаи об, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири истифодаи об ва замин, мураттабсозии ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, дастур ва тавсияҳои дахлдор;
- ҳалли баҳсҳои байни ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ва аъзои иттифоқи ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об.
2. Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об метавонанд ба иттифоқи ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ваколатҳои алоҳидаи худро вогузор намоянд, ки онҳо дар шартномаи таъсисӣ муқаррар карда мешаванд. 
 
Моддаи 28. Молу мулк ва воситаҳои молиявии иттифоқи ассотсиатсияҳои истифодабарандагони  об
1. Молу мулк ва воситаҳои молиявии иттифоқи ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об аз ҳисоби маблағи ҳаққи узвият, ҳиссаҷудокуниҳои ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, пардохтҳо ва кумакҳои дигари молиявӣ, инчунин грантҳо ва даромадҳои дигар, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд, ташаккул меёбад.
2. Молу мулк ва воситаҳои молиявии иттифоқи ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об танҳо барои ноил шудан ба мақсадҳои оинномавии иттифоқ истифода мегарданд.
3. Иттифоқи ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об метавонад аз ҳисоби маблағи худ фонди дастгирии аъзои иттифоқро таъсис диҳад.
 
БОБИ 8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
 
Моддаи 29. Муқаррароти интиқолӣ
1. Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, ки то эътибор пайдо кардани Қонуни мазкур таъсис дода шудаанд, уҳдадоранд дар муддати як сол аз рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур фаъолияти худро ба муқаррароти он мутобиқ намоянд. Дар ин давра аз нав ба қайд гирифтани чунин ассотсиатсияҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» амалӣ карда мешавад. 
2. Фаъолияти ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ҳангоми дар муҳлати муқарраргардида иҷро накардани талаботи қисми 1 моддаи мазкур бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ бо тартиби судӣ метавонад қатъ карда шавад. 
 
Моддаи 30. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 31. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 ноябри соли 2006 «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, №11, мод. 474; с.2011, №3, мод. 173) аз эътибор соқит дониста шавад.
 
Моддаи 32. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад. 
 
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                           Эмомалӣ РАҲМОН
 
ш. Душанбе,
 2 январи соли 2020,
 № 1668
 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИҲОЛПАРВАРӢ

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Сшб, 15/09/2020 - 15:23
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1669
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
02.01.2020
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
ДАР БОРАИ НИҲОЛПАРВАРӢ
 
(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.04.2021с., №1779)
 
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии парвариш ва фурӯши ниҳолҳои мевадиҳанда, ҳамешасабз ва ороиширо муқаррар менамояд. 
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода карда мешаванд:
- боғи модарӣ – боғи навъҳои ноҳиябандишуда ва ояндадори дарахтҳои мевадиҳанда, ангур, буттамева, ҳамешасабз ва ороишӣ, (минбаъд – ниҳолҳо), ки аз онҳо бо мақсади зиёд кардани миқдори ниҳол, навда, қаламча ё қисми муғҷадори он барои пайванд тайёр карда мешаванд;
- боғи модарии маводи киштшаванда – боғе, ки маводи киштшавандаи аз меваи дарахтҳои он гирифташуда барои парвариши ниҳолҳо ва ё тагпайванд истифода мегардад; 
- маводи киштшаванда – донак, мағз, мева, аз ҷумла меваи бутуни аз гардолудшавии хӯшаи гулҳо ба вуҷудомада, ки барои гирифтани ниҳолҳо кишт карда мешаванд;
- назорати сифати ниҳолҳо – муайянсозии сифати ниҳолҳо, ки аз ҷониби озмоишгоҳҳои (марказҳои) аккредитатсияи давлатӣ ва мутахассисони тайёрии махсусдошта оид ба гузаронидани санҷиш амалӣ карда мешаванд;
- ниҳол – маводи кӯчатшавандаи бо роҳҳои афзоиши тухмӣ ва (ё) нашвӣ (вегетативӣ) аз решаи растанӣ, пайванднавда, тагпайванд ва қаламча гирифташуда, ки барои шинонидан дар ҷойи доимӣ истифода мешавад; 
- ниҳолпарварӣ – соҳаи растанипарварӣ, ки дар он парвариши ниҳолҳо аз ҷониби субъектҳои фаъолияти хоҷагидории соҳаи  ниҳолпарварӣ бо риояи талаботи стандарт ва регламентҳои техникии муқарраргардида амалӣ карда мешавад; 
- ниҳолҳои гурӯҳи суперэлита – ниҳолҳое, ки ба пуррагӣ ҳамаи аломат ва хусусиятҳои беҳтарини навъро дошта, аз барангезандаҳои касалиҳои сирояткунанда озод мебошанд; 
- ниҳолҳои гурӯҳи элита – ниҳолҳое, ки бо роҳи пайвандкунии муғҷаю қаламчаҳои ниҳолҳои суперэлита бо риояи талаботи тозагии навъ парвариш шудаанд;
(Хориҷ карда шуд ҚҶТ аз 20.04.2021с., №1779)
- ниҳолҳои аз вирусҳо озод – ниҳолҳои дар шароити сунъӣ аз ҳуҷайра, бофта ё дигар узви ниҳоли модарӣ сабзонидашуда, ки ба пуррагӣ тоза будани онҳо аз ҳама гуна вирусҳо, бактерияҳои касалиовар ва дигар организмҳои зараррасони дар минтақа мавҷудбуда тибқи санҷиш муайян карда шудаанд;
- ниҳолҳои ба мавҷудияти вирус санҷидашуда – ниҳолҳое, ки тибқи санҷиш тоза будани онҳо аз вирусҳо, бактерияҳои касалиовар ва дигар организмҳои зараррасони дар минтақа аз ҳама бештар паҳншуда муайян карда шудаанд;
- низоми ниҳолпарварӣ – қисми таркибии хоҷагиҳои махсусгардонидашудаи давлатии ниҳолпарварӣ, ки аз боғҳои модарӣ ва маводи киштшаванда, шуъбаҳо, қитъаҳо ва сохторҳои дигари ҳатмӣ иборат буда, барои парвариш ва зиёд кардани миқдори ниҳолҳо равона шудааст; 
- сертификати сифати навъ – ҳуҷҷати бо тартиби муқарраргардида додашуда оид ба гузаронидани сертификатсияи тухмӣ ва ниҳолҳо, ки мутобиқатии сифати онҳоро ба талаботи стандарт ва регламентҳои техникӣ тасдиқ менамояд; 
- тагпайванд – дарахт ё қисми он, ки ба поя ё системаи решагии он навда, қаламча ё қисми муғҷадори он пайванд карда мешавад ва ҳамчун асоси дарахти ҷавони шинонидашаванда шакл, андоза ва навъи интихобшударо муайян мекунад;
- субъектҳои фаъолияти хоҷагидории соҳаи ниҳолпарварӣ –ҳоҷагиҳои махсусгардонидашудаи давлатии ниҳолпарварӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва инфиродӣ, ки дар қитъаи замин бо истифодаи чорабиниҳои агротехникӣ ба парвариш ва фурӯши ниҳолҳои мевадиҳанда, ҳамешасабз, ороишӣ ва маводи киштшаванда машғул мебошанд.
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ниҳолпарварӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ниҳолпарварӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
 
Моддаи 3. Асосҳои ташкили фаъолият дар соҳаи ниҳолпарварӣ
Асосҳои ташкили фаъолият дар соҳаи ниҳолпарварӣ ба ҳисоб мераванд:
- интихоби қитъаи замин бо баинобатгирии омилҳои иқлимӣ, табиӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, навъу намудҳои ниҳолҳо ва ноҳиябандии онҳо;
- таъмини фаъолияти сарфакоронаи қисмҳои таркибии низоми ниҳолпарварӣ;
- пешгирии сироятёбии ниҳолҳо аз касалиҳои сироятёбанда ва зараррасонҳои карантинӣ; 
- муқаррар намудани қоидаҳои ягонаи талабот ба ниҳолҳо, раванди парвариш, нигоҳдорӣ, интиқол ва фурӯши онҳо;
- истифодаи оқилонаи фонди генетикии навъҳо барои ба вуҷуд овардани навъҳои нави дорои хусусияти баланди биологию хоҷагидорӣ ва нигоҳдории гуногунии биологии ниҳолҳо.
 
БОБИ 2. ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИИ СОҲАИ НИҲОЛПАРВАРӢ
 
Моддаи 4.  Танзим ва дастгирии давлатии соҳаи ниҳолпарварӣ   
1. Танзими давлатии соҳаи ниҳолпарварӣ аз маҷмӯи чорабиниҳое, ки фаъолияти хоҷагидориро дар соҳаи ниҳолпарварӣ таъмин менамоянд, иборат мебошад.
2. Усулҳои танзими давлатии соҳаи ниҳолпарварӣ ба ҳисоб мераванд:
- таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи ниҳолпарварӣ;
- назорати давлатии парваришу фурӯши маводи киштшаванда ва ниҳолҳо;
- маблағгузории давлатӣ барои гузаронидани чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ дар соҳаи ниҳолпарварӣ.
3. Дастгирии давлатии соҳаи ниҳолпарварӣ тибқи барномаҳои давлатӣ, инчунин фармоиши давлатии парвариши маводи киштшаванда ва ниҳолҳо бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешаванд:
- дастрасӣ ба техника ва технологияи муосири кишоварзӣ, хариди маводи киштшаванда ва ниҳолҳо аз хориҷи кишвар;
- ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ дар парваришу фурӯши маводи киштшаванда ва ниҳолҳо;
- ҷорӣ намудани механизми маблағгузории тадқиқоти илмии муассисаҳои илмӣ, қитъаҳои навъсанҷӣ ва стансияҳои таҷрибавӣ дар парвариши ниҳолҳои гурӯҳҳои суперэлита ва элита;
- таъмини иттилоот оид ба ҳаҷми парваришу фурӯши маводи киштшаванда ва ниҳолҳо дар бозорҳои дохилӣ ва берунӣ;
- шаклҳои дигари дастгирӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
 
Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ниҳолпарварӣ 
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ниҳолпарварӣ мансубанд:
- назорати татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ниҳолпарварӣ;
- тасдиқи дурнамо, консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатӣ оид ба рушди соҳаи ниҳолпарварӣ;
- муқаррар намудани шаклҳои дастгирии давлатии соҳаи ниҳолпарварӣ;
- муайян намудани самтҳои асосии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ниҳолпарварӣ;
- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ниҳолпарварӣ;
- амалӣ намудани салоҳиятҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
Моддаи 6. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ниҳолпарварӣ 
Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ниҳолпарварӣ дохил мешаванд:
- татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи ниҳолпарварӣ;
- таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани дурнамо, консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатӣ оид ба рушди соҳаи ниҳолпарварӣ;
- таҳияи санадҳои меъёрии техникии танзимкунандаи парвариш, нигоҳдорӣ ва фурӯши ниҳолҳо;
- мониторинги низоми соҳаи ниҳолпарварӣ;
- ташкил ва истифодабарии махзани маълумот оид ба ниҳолпарварӣ;
- ба низом даровардани раванди парвариш ва фурӯши ниҳолҳо барои зиёд кардани миқдори онҳо ва бунёди боғҳо;
- омода намудани дурнамо оид ба миқдор ва навъҳои ниҳолҳо дар ҳаҷми эҳтиёҷоти бозори дохилӣ ва содироти онҳо;
- ҷорӣ намудани низоми ягонаи ҳуҷҷатгузорӣ ва хизматрасонии иттилоотӣ – машваратӣ дар соҳаи ниҳолпарварӣ;
- мусоидат ба ташкили бозори фурӯши ниҳолҳо ва ҳамоҳангсозии фаъолияти иштирокчиёни он;
- ташкили гузаронидани корҳои селексионӣ оид ба беҳтар кардани сифати навъҳои ниҳолҳо; 
- пешбурди Феҳристи давлатии навъҳои ниҳолҳо (минбаъд – Феҳристи давлатӣ);
- ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ дар соҳаи ниҳолпарварӣ;
- таъмини назорати сифати ниҳолҳои сертификатсияшуда;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
 Моддаи 7. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи ниҳолпарварӣ
Ба ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи ниҳолпарварӣ дохил мешаванд:
- таҳия ва тасдиқи барномаҳои маҳаллии рушди ниҳолпарварӣ ва назорати иҷрои онҳо;
- фароҳам овардани шароити зарурӣ барои фаъолияти субъектҳои фаъолияти хоҷагидории соҳаи ниҳолпарварӣ;
- назорати риояи талабот оид ба парвариши сифатноки ниҳолҳо ва истифодаи мақсадноки қитъаҳои замин бо тартиби пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
Моддаи 8. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои фаъолияти хоҷагидории соҳаи ниҳолпарварӣ
1. Субъектҳои фаъолияти хоҷагидории соҳаи ниҳолпарварӣ ҳуқуқ доранд:
- барои амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи ниҳолпарварӣ бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ шартномаҳо ба имзо расонанд;
- нархи фурӯши маводи киштшаванда ва ниҳолҳоро тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намоянд;
- барои парвариши ниҳолҳо қитъаи заминро ба иҷора гиранд;
- дар раванди сертификатсияи ниҳолҳо иштирок намоянд;
- бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои воридот ва содироти маводи киштшаванда ва ниҳолҳо фаъолияти иқтисоди хориҷиро ба роҳ монанд;
- маълумоти заруриро аз селексионер оид ба навъи нави ниҳолҳо, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба даст оранд;
- парвариши ниҳолҳоро тибқи фармоиши давлатӣ ба роҳ монанд;
- аз ҳуқуқҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд.
2. Субъектҳои фаъолияти хоҷагидории соҳаи ниҳолпарварӣ уҳдадоранд:
- танҳо навъҳои ба Феҳристи давлатӣ воридшударо барои афзоиши миқдори онҳо парвариш намоянд;
- тозагии биологии навъҳо, сифат ва вазъи карантину фитосанитариро тибқи талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намоянд;
- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи навъ ва нишондиҳандаҳои сифатии ниҳолҳоро то ба ҳосил даромадани онҳо нигоҳ доранд;
- ба бозори дохилӣ танҳо ниҳолҳои тибқи талаботи стандарт ва регламентҳои техникӣ сертификатсияшударо ва ба бозори берунӣ дар асоси шартномаҳои тарафҳо пешбинигардидаро ба фурӯш бароранд;
- ба мувофиқати сифати навъ бо нишондиҳандаҳои дар сертификати сифати навъ зикргардида кафолат диҳанд;
- технологияи парвариши маводи ниҳолҳоро риоя ва оқибатҳои манфии пастшавии ҳосилхезии заминҳоро, ки дар натиҷаи парвариши ниҳолҳо ба миён омадаанд, пешгирӣ намоянд;
- барои гузаронидани сертификатсияи давлатӣ маълумоти эътиборнок ва пурраро оид ба сифати ниҳолҳо ва шароити парвариши онҳо пешниҳод созанд; 
- тибқи талаботи стандарт ва регламентҳои техникӣ борбандӣ, нишонгузорӣ, интиқол ва нигоҳдории маводи киштшаванда ва ниҳолҳои барои содирот пешбинишударо таъмин намоянд;
- бе иҷозати мақомоти дахлдори давлатӣ ба воридоти навъҳои маводи киштшаванда ва ниҳолҳои ноҳиябандинашуда роҳ надиҳанд; 
- бе ҳуҷҷатҳои дахлдор ва ё бе риояи тартиби пешбурди ҳуҷҷатҳо ба парвариш ва фурӯши ниҳолҳо машғул нашаванд;
- ниҳолҳои мевадиҳанда ва буттамеваҳоро бе иҷозати мақомоти дахлдори давлатӣ решакан накунанд;
- чорабиниҳои карантинию фитосанитариро риоя намоянд;
- уҳдадориҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд.
 
Моддаи 9. Суғуртаи субъектҳои фаъолияти хоҷагидории соҳаи  ниҳолпарварӣ
Субъектҳои фаъолияти хоҷагидории соҳаи ниҳолпарварӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон суғурта карда мешаванд.
 
БОБИ 3. ПАРВАРИШ ВА ФУРӮШИ МАВОДИ КИШТШАВАНДА ВА НИҲОЛҲО
 
Моддаи 10. Ташкили низоми ниҳолпарварӣ 
1. Низоми ниҳолпарварӣ дар асоси талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои меъёрии техникӣ ташкил карда мешавад.
2. Низоми ниҳолпарварӣ аз қисмҳои зерин иборат мебошад:
- боғи модарии навъҳои ниҳолҳои ноҳиябандишуда ва ояндадори дар санҷиши давлатӣ ва истеҳсолӣ қарордошта;
- боғи модарӣ барои парвариши маводи киштшаванда; 
- шуъбаи тухмипарварӣ барои парвариши тагпайванд;
- қитъаҳои пайвандкунии тагпайванд, парвариши ниҳолҳои яксола ва дусола барои фурӯш.
3. Хоҷагиҳои махсусгардонидашудаи давлатии ниҳолпарварӣ метавонанд дар раванди ташкили низоми ниҳолпарварӣ шуъбаи тухмипарвариро ҳамчун қитъаи алоҳида барои парвариши тагпайванд истифода карда ва ҳангоми дар минтақаи фаъолияти онҳо мавҷуд будани боғҳои махсусгардонидашудаи маводи киштшаванда ва тагпайвандҳо аз маҳсулоти парваришшудаи онҳо истифода намоянд.
 
Моддаи 11. Маводи киштшаванда ва ниҳолҳо
1. Маводи киштшаванда  дар боғҳои модарӣ дар асоси натиҷаи санҷиши озод будан аз мавҷудияти вирусҳои касалиҳои сирояткунанда ва зараррасонҳои карантинӣ парвариш карда мешаванд.
2. Вазифаҳои боғҳои модарии маводи киштшаванда аз инҳо иборат мебошанд:
- зиёд кардани ҳаҷми маводи киштшаванда барои афзоиши нашвӣ (вегетативӣ) истифодашавандаи ниҳолҳои гурӯҳҳои суперэлита ва элита;
- нигоҳ доштани тозагии навъ, ҳифзи навъҳои ватанӣ ва ноҳиябандишуда, пешгирии паҳншавии организмҳои зараррасони карантинӣ, риоя намудани талаботи тозагӣ аз вирусҳо, микроплазмаҳо ва дигар касалиҳои хатарнок ва зараррасонҳо.
3. Ниҳолҳо аз рӯи арзиши биологӣ ба гурӯҳҳои суперэлита, элита ва сертификатсияшуда, ҳолати фитосанитарӣ аз вирусҳо озод ва ба мавҷудияти вирус санҷидашуда, инчунин сохти онҳо (қади ниҳол, тана ва қутри он, миқдори навда, дарозӣ ва қутри системаи реша) ба гурӯҳҳои I ва II тақсим мешаванд. 
4. Ниҳолҳо барои шинонидан ба ҷойҳои доимӣ бо риояи киштгардон парвариш карда мешаванд. Субъектҳои фаъолияти хоҷагидории соҳаи ниҳолпарварӣ метавонанд ниҳолҳоро дар асоси шартнома дар ҳолати нашъунамо ё сукунат қарор доштани онҳо ба фурӯш бароранд.
 
Моддаи 12. Парвариш, назорат ва фурӯши ниҳолҳо
1. Парвариши ниҳолҳо аз ҷониби субъектҳои фаъолияти хоҷагидории соҳаи ниҳолпарварӣ бо риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои меъёрии техникӣ амалӣ карда мешавад.
2. Парвариши ниҳолҳои гурӯҳҳои суперэлита ва элита аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки навъи нави ниҳолро ба вуҷуд оварда ё навъеро кашф намуда такмил додаанд ва маълумотро оид ба навъ ба Феҳристи давлатӣ ворид намудаанд, ба роҳ монда мешавад.
3. Парвариши ниҳолҳои сертификатсияшуда тибқи шартнома ба роҳ монда мешаванд.
4. Назорати сифати маводи киштшаванда ва ниҳолҳо дар асоси  муайян намудани мутобиқатии онҳо ба талаботи стандарт ва регламентҳои техникӣ гузаронида мешавад. 
5. Дар раванди назорати сифати маводи киштшаванда ва ниҳолҳо мавҷудияти вирусҳо, касалиҳои сирояткунанда ва организмҳои дигари зараррасон дар маводи киштшаванда ва ниҳолҳо, инчунин барангезандаҳо дар хок муайян карда мешаванд.
 
Моддаи 13. Баҳисобгирии ниҳолҳо
1. Баҳисобгирии ниҳолҳо дар субъектҳои фаъолияти хоҷагидории соҳаи ниҳолпарварӣ, ба истиснои қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ бо мақсади муайян кардани мавзеи ҷойгиршавии онҳо, миқдори ниҳолҳо, майдони воқеӣ, арзёбии сифати онҳо ва омода намудани тавсияҳо ҷиҳати таъмир ё аз нав барқарор кардани майдони боғҳои модарию маводи киштшаванда ва ниҳолҳо гузаронида мешавад.
2. Натиҷаи баҳисобгирии ниҳолҳо барои муайян кардани арзиши майдони боғҳои модарию маводи киштшаванда ва ниҳолҳо, истифодабарии минбаъдаи он ва аз як намуд ба намуди дигар гузаронидани заминҳо истифода бурда мешавад.
3. Барои ташкил ва гузаронидани баҳисобгирии ниҳолҳо комиссияи ноҳиявӣ (шаҳрӣ) дар ҳайати намояндагони мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ниҳолпарварӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсис дода мешавад.
4. Баҳисобгирии ниҳолҳо чунин маълумотро дар бар мегирад:
- мавҷудияти ниҳолҳо дар давраи ҳисоботӣ, сол, сифат ва мутобиқатии онҳо ба талаботи стандарт ва регламентҳои техникӣ;
- мавҷудияти навъҳои селексионӣ;
- парвариши воқеии ниҳолҳо аз ҳар як гектар;
- майдони нобудшудаи қисмҳои таркибии низоми ниҳолпарварӣ ва ниҳолҳои хушкшуда.
5. Баҳисобгирии ниҳолҳо пас аз ба охир расидани давраи нашъунамо ва то саршавии мавсими решакан кардани онҳо гузаронида мешавад. 
 
Моддаи 14. Воридот ва содироти маводи киштшаванда ва ниҳолҳо
1. Воридот ва содироти маводи киштшаванда ва ниҳолҳо аз ҷониби субъектҳои фаъолияти хоҷагидории соҳаи ниҳолпарварӣ тибқи талаботи пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. 
2. Содироти маводи киштшаванда ва ниҳолҳо дар асоси сертификатҳои сифат ва фитосанитарии аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ додашуда амалӣ карда мешавад. 
3. Воридоти маводи киштшаванда ва ниҳолҳо дар асоси иҷозатномаи воридоти карантинӣ, сертификатҳои сифат ва фитосанитарии аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии кишвари содироткунанда додашуда амалӣ карда мешавад.
4. Воридоти навъҳо ва намудҳои маводи киштшаванда ва ниҳолҳои барои пайванд истифодашаванда, ки ба Феҳристи давлатӣ ворид карда нашудаанд, танҳо ба муассисаҳои илмӣ барои гузаронидани тадқиқоти расмӣ, инчунин барои парвариш ва тибқи шартнома дар ҳаҷми пурра содирот намудани маводи киштшаванда ва ниҳолҳо иҷозат дода мешаванд. 
 
Моддаи 15. Сертификатсияи маводи киштшаванда ва ниҳолҳо 
1. Сертификатсияи маводи киштшаванда ва ниҳолҳо тибқи талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба сертификатсияи маҳсулот ва сифати он гузаронида мешавад.
2. Сертификатсияи маводи киштшаванда ва ниҳолҳо бо риояи принсипҳои зерин гузаронида мешавад:
- таъмини низоми ягона ва тартиби сертификатсия, умумияти қоида ва усулҳои санҷиш барои арзёбии ҳатмии мутобиқатии сифати маводи киштшаванда ва ниҳолҳо ба талаботи стандарт ва регламентҳои техникӣ; 
- асосноккунии илмӣ, санҷиши воқеъбинона ва риояи ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми пешниҳоди натиҷаи сертификатсияи маводи киштшаванда ва ниҳолҳо; 
- ошкорбаёнӣ ва иштироки субъектҳои фаъолияти хоҷагидории соҳаи ниҳолпарварӣ дар раванди сертификатсияи сифати маводи киштшаванда ва ниҳолҳо; 
- масъулияти иштирокчиёни сертификатсияи давлатии маводи киштшаванда ва ниҳолҳо, шахсони манфиатдор барои ташкил ва гузаронидани он;
- мустақилияти мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба сертификатсияи маҳсулот ва сифати он;
- ягонагии истифодаи талаботи стандарт ва регламентҳои техникии сифати маводи киштшаванда ва ниҳолҳо дар кишвар ва мутобиқатии онҳо ба талаботи стандарт ва регламентҳои техникии байналмилалӣ;
- роҳ надодан ба маҳдудияти рақобат дар раванди гузаронидани сертификатсияи маводи киштшаванда ва ниҳолҳо.
3. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба сертификатсияи маҳсулот ва сифати он ба субъектҳои фаъолияти хоҷагидории соҳаи ниҳолпарварӣ пас аз санҷиши сифати маводи киштшаванда ва ниҳолҳо сертификати мутобиқатии онҳоро ба талаботи стандарт ва регламентҳои техникӣ медиҳанд.
 
БОБИ 4. БУНЁДИ БОҒҲОИ МОДАРӢ ВА МАВОДИ КИШТШАВАНДА
 
Моддаи 16. Бунёди боғҳои модарӣ ва маводи киштшаванда 
1. Боғҳои модарӣ ва маводи киштшаванда барои пешбурди фаъолияти хоҷагидорӣ дар соҳаи ниҳолпарварӣ дар асоси нишондодҳои агротехникӣ, дастурамал, низомнома ва дигар санадҳои меъёрии техникӣ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда мешаванд. 
2. Боғҳои модарӣ ва маводи киштшаванда барои парвариши ниҳолҳо бо дарназардошти шароити хокию иқлимӣ, ноҳиябандӣ, хусусиятҳои биологии намуд ва навъҳо, самаранокии иқтисодии соҳаи ниҳолпарварӣ ва талаботи бозор бунёд карда мешаванд.
3. Боғҳои модарӣ ва маводи киштшаванда тибқи лоиҳаи аз ҷониби мутахассисони соҳаи ниҳолпарварӣ дар мувофиқа бо сохторҳои маҳаллии мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин омодашуда бунёд карда мешаванд. 
 
Моддаи 17. Мониторинг ва гузаронидани кадастри боғҳои модарӣ ва маводи киштшаванда 
1. Ташкил ва гузаронидани мониторинги боғҳои модарӣ ва маводи киштшавандаро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ниҳолпарварӣ амалӣ менамояд.
2. Кадастри боғҳои модарӣ ва маводи киштшаванда аз ҷониби сохторҳои маҳаллии мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин дар ҳамаи заминҳои ҷойгиршавии онҳо гузаронида мешавад.
3. Маълумот оид ба мониторинг ва кадастри боғҳои модарӣ ва маводи киштшаванда барои қабули қарорҳои дахлдор, таҳияи барномаҳои давлатӣ, консепсия, стратегия ва дурнамо дар соҳаи ниҳолпарварӣ истифода бурда мешаванд. 
 
Моддаи 18. Аз ҳисоб баровардан ва решаканкунии дарахтҳои боғҳои модарӣ ва маводи киштшаванда
1. Боғҳои модарӣ ва маводи киштшаванда дар асоси меъёрҳои истифодабарии самараноки онҳо аз ҳисоб бароварда ва решакан карда мешаванд. Дар ҳолатҳои таъсири офатҳои табиӣ аз ҳисоб баровардан ва решакан кардани боғҳои модарӣ ва маводи киштшаванда бо тартиби пешбининамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
2. Муҳлатҳои кӯтоҳтарини истифодабарии боғҳои модарӣ ва маводи киштшаванда вобаста ба намуд ва мувофиқатии навъҳои пайвандшуда дар асоси нишондодҳои агротехникӣ ва санадҳои меъёрии техникӣ муқаррар карда мешаванд.
3. Решаканкунии боғҳои модарӣ ва маводи киштшаванда, барқарор кардани ҳосилхезӣ ва дигар хосиятҳои фоиданоки заминҳо барои истифодабарии минбаъдаи мақсадноки онҳо аз ҷониби хоҷагиҳои махсусгардонидашудаи давлатии ниҳолпарварӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) амалӣ карда мешаванд.
 
БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
 
Моддаи 19. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 20. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
       Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                    Эмомалӣ РАҲМОН
 
ш. Душанбе,
2 январи соли 2020,
№ 1669
 
 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАЗИНАДОРӢ

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Сшб, 15/09/2020 - 15:36
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1674
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
02.01.2020
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
ДАР БОРАИ ХАЗИНАДОРӢ
 
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқию ташкилии низоми хазинадорӣ  ва тартиби фаъолияти мақомоти хазинадории Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар менамояд.
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- фаъолияти хазинадорӣ – фаъолияти молиявии давлатие, ки дар ҷараёни он ҳамоҳангсозии идоракунии хазинавии иҷрои буҷети давлатӣ, баҳисобгирӣ ва мониторинги уҳдадориҳои шартномавии вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетии аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда, таъмини пардохтпазирии буҷети давлатӣ, хизматрасонии қарзи давлатӣ, векселҳои давлатӣ ва пасандозҳои буҷети давлатӣ, идоракунии суратҳисобҳои хазинадорӣ, ҷамъоварӣ ва истифодаи маблағҳои дар буҷети давлатӣ пешбинигардида ва таҳияи ҳисобот оид ба иҷрои буҷети давлатӣ амалӣ мегардад;
- суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ – суратҳисоби муросилотии хазинадории дар Бонки миллии Тоҷикистон кушодашуда барои бо пули миллӣ анҷом додани амалиёт аз рӯи даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ;
- суратҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ – суратҳисоби кушодашуда дар хазинадории марказӣ барои хизматрасонии буҷети ҷумҳуриявӣ;
- суратҳисобҳои маҳаллии хазинадорӣ – суратҳисобҳои кушодашуда дар хазинадории марказӣ барои хизматрасонии буҷетҳои маҳаллӣ;
- суратҳисоби хазинадории маблағҳои махсуси буҷети ҷумҳуриявӣ – суратҳисоби кушодашуда дар хазинадории марказӣ барои хизматрасонии маблағҳои махсуси вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷети ҷумҳуриявӣ;
- суратҳисобҳои махсуси хазинадории маҳаллӣ – суратҳисобҳои кушодашуда дар хазинадории марказӣ барои хизматрасонии маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷети маҳаллӣ;
- суратҳисобҳои мақсадноки буҷети ҷумҳуриявӣ – суратҳисобҳои кушодашуда дар хазинадории марказӣ барои маблағгузории маблағҳои мақсадноки буҷети ҷумҳуриявӣ дар давраи иҷрои вазифаҳои муайян;
- суратҳисобҳои андозҳои танзимшаванда – суратҳисобҳои дар хазинадории марказӣ кушодашуда барои тақсимоти андозҳои танзимшаванда байни буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ;
- суратҳисобҳои асъории хазинадорӣ – суратҳисобҳое, ки аз ҷониби мақоми марказии хазинадорӣ дар бонкҳои ваколатдор барои анҷом додани амалиёти буҷети давлатӣ бо асъор кушода шудаанд;
- суратҳисобҳои буҷетҳои фондҳои мақсадноки давлатӣ – суратҳисобҳои кушодашуда дар хазинадории марказӣ ё ташкилотҳои қарзӣ барои хизматрасонии амалиёти бонкии фондҳои мақсадноки давлатӣ;
- хизматрасонии хазинавии иҷрои буҷет – анҷомдиҳӣ ва баҳисобгирии амалиётҳо оид ба даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ;
- нақшаи хазинавӣ – дурнамои воридоти хазинавӣ ба буҷет ва пардохтҳои хазинавӣ аз буҷет;
- уҳдадориҳои шартномавии вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ – уҳдадории ташкилотҳои аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда, ки дар натиҷаи ба имзо расонидани шартномаву қарордодҳо бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мутобиқи қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ба вуҷуд меоянд; 
- ҳуҷҷати пардохти электронӣ – ҳуҷҷат барои анҷом додани амалиёт бо суратҳисобҳои хазинадорӣ бо истифодаи имзоҳои электронии рақамӣ тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ҳуҷҷатҳои пардохтӣ дар ҳомили коғазии аз ҷониби шахсони ваколатдор имзошуда ва бо муҳр тасдиқгардида эътибори баробари ҳуқуқӣ дорад;
- иттиҳоди телекоммуникатсияҳои (алоқаи) умумиҷаҳонии молиявии байнибонкӣ (SWIFT) – низоми байналмилалии пардохтҳои байнибонкӣ ва интиқоли иттилоот;
- маблағҳои махсуси вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ – маблағҳои дар натиҷаи иҷрои кор ва хизматрасонӣ, инчунин фаъолияти дигари манъ накардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бадастовардаи вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ, ба ғайр аз маблағҳои аз буҷет ҷудогардида;
- бақияи озоди маблағҳои буҷетӣ – бақияи маблағҳои буҷетӣ дар аввали соли молиявии дахлдор, ба истиснои маблағи нақди гардони хазинавии то охири соли молиявӣ муқарраргардида;
- маблағи нақди гардони хазинавӣ – маблағи захиравии ҳангоми тасдиқи буҷет муқарраргардида, ки барои пӯшонидани тафовути муваққатии хазинавӣ пешбинӣ шудааст;
- тафовути муваққатии хазинавӣ –  нокифоягии муваққатии маблағҳои зарурӣ барои маблағгузории хароҷоти навбатии буҷет;    
 - маблағҳои муваққатан озоди буҷетӣ – маблағҳои буҷетӣ дар суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ, ки дар давраи муайян истифода бурда намешаванд;
- маъмурони даромади буҷет – мақомоти давлатие, ки назоратро оид ба дуруст ҳисоб намудан, пардохти саривақтӣ, ситонидан ва қабули қарор оид ба баргардонидани маблағи барзиёд ё саҳван воридшудаи даромад ё ҳисоб намудани он барои пӯшонидани қарз дар назди буҷет, инчунин воридоти маблағҳо аз ҳисоби татбиқи чораҳои маҷбуркунӣ барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла аз ҳисоби мусодираи молу мулк, ҷарима, пеня ва ҳамчунин ҷуброни зарари молиявии дар натиҷаи риоя накардани интизоми молиявӣ ба давлат расондашударо амалӣ менамоянд;
- баҳисобгирии буҷетӣ – низоми ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ ва ҷамъбасти маълумот бо ифодаи пулӣ оид ба вазъи дороии молиявию ғайримолиявӣ ва уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин амалиёте, ки дороиву уҳдадориҳои мазкурро тағйир медиҳанд;
- ҳисоботи буҷетӣ – ҳисобот оид ба иҷрои буҷет аз рӯи даромад, хароҷот ва сарчашмаҳои пӯшонидани касри буҷет мутобиқи гурӯҳбандии даромаду хароҷоти буҷетӣ.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хазинадорӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хазинадорӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
 
БОБИ 2. МАҚОМОТИ ХАЗИНАДОРӢ, НИЗОМ, ВАКОЛАТ, ВАЗИФА ВА ҲУҚУҚҲОИ ОНҲО
 
Моддаи 3. Мақомоти хазинадорӣ
Мақоми ваколатдори давлатии хазинадорӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия (минбаъд –  мақоми марказии хазинадорӣ) ва мақомоти маҳаллии он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (минбаъд – мақомоти маҳаллии хазинадорӣ) ба ҳисоб рафта, иҷрои хазинавии буҷетҳои сатҳҳои дахлдори низоми буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин ва амалиёти суратҳисоби ягонаи хазинадориро идора менамоянд.
 
Моддаи 4. Низоми хазинадории Ҷумҳурии Тоҷикистон 
Низоми хазинадории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мақоми марказии хазинадорӣ ва мақомоти маҳаллии хазинадорӣ иборат мебошад.
 
Моддаи 5. Ваколатҳои мақомоти хазинадорӣ
Мақомоти хазинадорӣ дорои чунин ваколатҳо мебошанд:
- таъмини идоракунии самараноки маблағҳои буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, аз ҷумла бо дарназардошти татбиқи тадбирҳо оид ба хизматрасонӣ ва пӯшонидани қарзҳои дохилӣ ва берунии давлатӣ;
- идоракунии суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ ва суратҳисобҳои дигар оид ба иҷрои буҷет; 
- кушодан ва бастани суратҳисобҳо бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои дигари қарзӣ;
- баргардонидани маблағи саҳван, барзиёд пардохтшуда ва барзиёд ситонидашуда мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- пешниҳоди таклифҳо ба мақоми давлатии дахлдор оид ба бартараф намудани камбудиҳое, ки ҳангоми риоя накардани талаботи қонунгузорӣ дар раванди иҷрои хазинавии буҷет, аз ҷумла ҳисоботи молиявӣ ва буҷетӣ ошкор карда шудаанд;
- таъмини робитаҳои электронӣ-коммуникатсионӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо мақсади самаранок идора намудани маблағҳои буҷети давлатӣ;
- иҷрои буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллиро мунтазам назорат менамоянд;
- таҳияи маводи методологӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои марбут ба ваколатҳои хазинадорӣ;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои буҷети давлатӣ.
 
Моддаи 6. Вазифаҳои мақомоти хазинадорӣ
Мақомоти хазинадорӣ тибқи ваколатҳои муқарраргардида вазифаҳои зеринро иҷро менамоянд:
- даромади буҷети давлатиро ба ҳисоб мегиранд;
- маблағҳои махсуси вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетиро ба ҳисоб гирифта, хизматрасонии амалиёти даромад ва хароҷоти онҳоро анҷом медиҳад;
- маблағгузории вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетиро амалӣ менамоянд; 
- интиқоли трансфертҳои байнибуҷетӣ (кумаки молиявии беподош (дотатсия), мусоидати молиявӣ (субвенсия), ҳисоббаробаркунӣ, қарзҳои буҷетӣ) дар байни сатҳҳои низоми буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамоянд;
- маблағгузории вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетиро ба мақоми ваколатдори марказӣ ва маҳаллии хазинадорӣ вобаста менамоянд;
- уҳдадориҳои шартномавии аз буҷети давлатӣ маблағгузоришавандаи вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетиро ба ҳисоб гирифта, мониторинги иҷрои онҳоро мегузаронанд;
- нақшаи хазинавии иҷрои буҷетро таҳия менамоянд;
- дар асоси ҳисоботҳои буҷетӣ ва молиявии аз ҷониби тақсимкунандагони асосии маблағҳои буҷетӣ, мақомоти маҳаллии хазинадорӣ, мақомоти идоракунии фондҳои мақсадноки давлатӣ пешниҳодгардида, ҳисоботи даврии буҷетӣ ва молиявиро оид ба иҷрои буҷети давлатӣ тартиб медиҳанд;
- оид ба иҷрои даромади буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ҳисоботи даврӣ таҳия намуда, бо маъмурони даромадҳои буҷет оид ба воридоти даромадҳо ба буҷети давлатӣ санадҳои муқоисавӣ тартиб медиҳанд;
- оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи солона таҳия намуда, дар муҳлати муқарраршуда дар шакли электронӣ ё коғазӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд;
- низоми автоматонидашудаи иҷрои хазинавии буҷети давлатиро мунтазам такмил медиҳанд;
- интиқоли электронии маблағҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавассути низоми пардохтҳои электронӣ таъмин менамоянд;
- вазифаҳои дигарро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи молияи давлатӣ муқаррар намудааст. 
 
Моддаи 7. Ҳуқуқҳои мақомоти хазинадорӣ
Мақомоти хазинадорӣ ҳуқуқ доранд:
- аз вазорату идораҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ, новобаста ба намуди фаъолияташон, ки маблағҳои буҷетиро истифода мебаранд, оид ба истифодаи мақсадноки ин маблағҳо маълумот талаб намоянд;
- аз вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ» пешниҳоди маълумотро дар ҳомили электронӣ, ки ҷиҳати омӯзиш ва ҳалли маблағгузорӣ заруранд, талаб намоянд;
- аз вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ дар низоми иттилоотӣ ҳуҷҷатҳои пардохтии электрониро қабул карда, дар асоси онҳо маблағгузориро таъмин намоянд; 
- дар сурати ба вуҷуд омадани тафовути муваққатии хазинавӣ маблағи нақди гардони хазинавиро истифода намоянд; 
- ҳуҷҷатҳоеро, ки ба меъёрҳо ва талаботи муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия мутобиқ нестанд, барои маблағгузорӣ қабул накунанд;
- оид ба қатъ намудани маблағгузории вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ, ба истиснои моддаҳои ҳимояшавандаи буҷетӣ, дар сурати аз ҷониби онҳо риоя нашудани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қарорҳои дахлдор қабул намоянд;
- дар сурати аз тарафи мақомоти маҳаллии молия барнагардондани қарзҳои буҷетӣ, маблағҳои саҳван воридгардидаи сатҳҳои дигари буҷетӣ, иҷро накардани уҳдадориҳо вобаста ба ҳисоббаробаркуниҳои байнибуҷетӣ, ҳиссаҷудокунии маблағҳо аз андоз ва даромадҳои умумидавлатӣ, ҳиссаҷудокунӣ ба фондҳо ва захираҳои мақсаднок, бо роҳи анҷом додани амалиёти дохилӣ аз суратҳисоби онҳо маблағҳои мазкурро гиранд ё онҳоро аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои буҷети дахлдор пешбинигардида боздошт намоянд;
- бо мақсади ҷалб намудани даромади иловагӣ бақияи озоди маблағҳои суратҳисоби ягонаи хазинадориро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дар суратҳисобҳои депозитии ташкилотҳои қарзӣ ҷойгир намоянд;
- аз ташкилотҳои қарзӣ оид ба воридоти саривақтии даромади буҷети давлатӣ ба суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ маълумот дархост намоянд;
- дар хусуси гузаронидани санҷиши ташкилотҳои қарзӣ оид ба сари вақт ва ба таври дахлдор интиқол намудани даромади буҷети давлатӣ ба суратҳисобҳои хазинадорӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод намоянд;
- аз тақсимкунандагони асосии маблағҳои буҷетӣ, мақомоти маҳаллии молия ва мақомоти идоракунии фондҳои мақсадноки давлатӣ барои таҳия намудани ҳисоботи молиявӣ ва буҷетӣ оид ба иҷрои буҷет маълумоти зарурӣ гиранд;
- дастурамалҳо, шаклҳои баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳиро оид ба иҷрои даромад ва хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намоянд;
- амалӣ кардани ҳуқуқҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
 
 
БОБИ 3. АСОСҲОИ ТАШКИЛИ ИҶРОИ БУҶЕТ АЗ ҶОНИБИ МАҚОМОТИ ХАЗИНАДОРӢ
 
Моддаи 8. Ташкили корҳо оид ба иҷрои буҷет аз ҷониби мақомоти хазинадорӣ 
1. Иҷрои буҷет аз ҷониби мақомоти хазинадорӣ дар асоси нақшаи тасдиқгардида, нақшаи хазинавӣ, баҳисобгирӣ ва мониторинги иҷрои уҳдадориҳои буҷетӣ, таҳияи ҳисоботи муттаҳидгардондашуда ва молиявӣ оид ба иҷрои буҷети давлатӣ амалӣ карда мешавад. 
2. Хизматрасонии хазинавии иҷрои буҷетҳои низоми буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти хазинадорӣ анҷом дода мешавад. 
 
Моддаи 9. Асосҳои хизматрасонии хазинавии иҷрои буҷет 
Ҳангоми хизматрасонии хазинавии иҷрои буҷет:
- баҳисобгирии амалиёти маблағҳои буҷетӣ ба воситаи суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ анҷом дода мешавад;
- пардохтҳои хазинавии буҷет аз ҷониби мақомоти хазинадорӣ дар асоси супоришномаҳои пулии электронии пешниҳодшуда дар доираи бақияи мавҷудаи маблағ дар суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ ба воситаи низоми пардохти электронӣ амалӣ мегардад;
- тамоми амалиёт оид ба воридоти хазинавӣ ба буҷет ва пардохтҳои хазинавӣ аз буҷет аз ҷониби мақомоти хазинадорӣ дар суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ аз рӯи рамзҳои гурӯҳбандии буҷетӣ дар низоми иттилоотӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд.
 
Моддаи 10. Нақшаи хазинавӣ 
1. Нақшаи хазинавӣ бо мақсади самаранок идора намудани амалиёти суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ барои соли молиявии дахлдор бо тақсимот аз рӯи моҳҳо таҳия карда мешавад.
2. Нақшаи хазинавии буҷети давлатӣ дурнамои воридоти хазинавиро ба буҷет ва пардохтҳои хазинавиро аз буҷет дар соли молиявии дахлдор пешбинӣ менамояд.
 
Моддаи 11. Баҳисобгирии уҳдадориҳои шартномавии вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетии аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда
1. Уҳдадориҳои шартномавии вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ дар доираи маблағҳои сметаи хароҷот барои соли молиявии дахлдор бо роҳи ба имзо расондани шартномаҳо ва қарордодҳо бо шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ қабул карда мешаванд.
2. Маълумот оид ба ҳамаи шартномаҳо ва қарордодҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ ба низоми иттилоотии иҷрои буҷет ворид карда шуда, ба ҳисоб гирифта мешавад ва танҳо пас аз бақайдгирӣ эътибор пайдо мекунад. 
 
Моддаи 12. Баргардондани маблағи барзиёд ё саҳван ба буҷет воридшудаи даромад ё ҳисоб намудани он барои пӯшондани қарз дар назди буҷет 
1. Баргардондани маблағи барзиёд ё саҳван ба буҷет воридшудаи даромад ё ҳисоб намудани он барои пӯшондани қарз дар назди буҷет аз рӯи рамзҳои гурӯҳбандии буҷетӣ аз ҷониби мақомоти хазинадорӣ дар асоси хулосаи маъмурони даромади буҷет анҷом дода мешавад. 
2. Маблағи ба буҷет саҳван воридшуда, ки ба даромади буҷет тааллуқ надорад, дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда баргардонда мешавад.
3. Баргардондани маблағи барзиёд ё саҳван воридшудаи солҳои гузашта аз ҳисоби даромади соли ҷории молиявӣ амалӣ карда мешавад. 
 
БОБИ 4. СУРАТҲИСОБИ ЯГОНАИ ХАЗИНАДОРӢ, МЕХАНИЗМИ БОНКИИ ХАЗИНАДОРӢ ВА ҶОЙГИРОНИИ МАБЛАҒҲОИ ОЗОДИ БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ ҲАМЧУН ПАСАНДОЗ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ҚАРЗӢ
 
Моддаи 13. Суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ 
1. Суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ суратҳисобҳои буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, суратҳисобҳои маблағҳои махсуси буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, суратҳисобҳои мақсадноки буҷети ҷумҳуриявӣ, инчунин суратҳисобҳои дигарро, ки дар дохили ин суратҳисоби муросилотӣ кушода мешаванд, дар бар мегирад.
2.  Мақомоти хазинадорӣ дорои чунин суратҳисобҳо мебошанд:
- суратҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ;
- суратҳисобҳои маҳаллии хазинадорӣ;
- суратҳисоби хазинадории маблағҳои махсуси буҷети ҷумҳуриявӣ;
- суратҳисобҳои махсуси хазинадории маҳаллӣ;
- суратҳисобҳои мақсадноки буҷети ҷумҳуриявӣ;
- суратҳисобҳои андозҳои танзимшаванда;
- суратҳисобҳои асъории хазинадорӣ.
3. Амалиёт бо асъори хориҷӣ, мубодилаи асъор, баҳисобгирии он аз ҷониби мақоми хазинадорӣ ба воситаи суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ ва суратҳисобҳои асъории хазинадорӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
4. Амалиёти суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ ба воситаи низоми ҳисоббаробаркунии байнибонкӣ тавассути ҳуҷҷати пардохти электронӣ анҷом дода мешавад.
5. Вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ ҳуқуқ надоранд бе мувофиқаи мақомоти хазинадорӣ дар ташкилотҳои қарзӣ суратҳисобҳои бонкӣ кушоянд.
 
Моддаи 14. Механизми бонкии хазинадорӣ
1. Мақомоти хазинадорӣ интиқоли электронии маблағҳои буҷети давлатиро таъмин карда, иқтибоси ҳамарӯзаи суратҳисобҳоро бо нишон додани амалиёти анҷомдодашуда вобаста ба гардиши маблағҳо ва бақияи онҳо тартиб медиҳанд. 
2. Тамоми даромадҳои буҷети давлатӣ ба суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ ворид гардида, аз ҳамин суратҳисоб хароҷот карда мешаванд.
3. Мақомоти хазинадорӣ уҳдадоранд мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии дахлдор тақсими андозҳои танзимшавандаро байни буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ (вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ) аз рӯи меъёрҳои тасдиқгардида амалӣ намоянд.  
4. Ташкилотҳои қарзӣ уҳдадоранд андозҳои танзимшавандаро мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии дахлдор танҳо ба суратҳисобҳои андозҳои танзимшаванда интиқол намоянд.
5. Маблағгузории вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ аз суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ ба воситаи низоми пардохти электронӣ амалӣ карда мешавад. 
6. Ташкилотҳои қарзӣ бе розигии мақомоти хазинадорӣ ҳуқуқи аз суратҳисобҳои хазинадорӣ баровардани маблағҳои буҷетӣ ва анҷом додани амалиёти дигарро надоранд.
7. Бе воридшавии маблағҳо ба суратҳисобҳои хазинадории маблағҳои махсуси буҷети давлатӣ хароҷот аз ин суратҳисобҳо манъ аст.
8. Бо мақсади таъмини саривақтии пардохтҳои асъории буҷети давлатӣ мақоми марказии хазинадорӣ ҳуқуқ дорад ба иттиҳоди телекоммуникатсияҳои (алоқаи) умумиҷаҳонии молиявии байнибонкӣ (SWIFT) пайваст шавад.
 
Моддаи 15. Ҷойгиронии маблағҳои озоди буҷети давлатӣ ҳамчун пасандоз дар ташкилотҳои қарзӣ
1. Бо мақсади зиёд намудани даромади буҷет мақомоти хазинадорӣ метавонанд маблағҳои озоди буҷети давлатиро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун пасандоз дар ташкилотҳои қарзӣ ҷойгир намоянд.
2. Ҷойгиронии маблағҳои муваққатан озоди буҷети давлатӣ ҳамчун пасандоз дар ташкилотҳои қарзӣ дар доираи бақияи маблағҳои озоди суратҳисобҳои хазинадорӣ амалӣ карда мешавад. 
3. Тартиб ва механизми ҷойгиронии маблағҳои озод ва муваққатан озоди буҷети давлатӣ ҳамчун пасандоз дар ташкилотҳои қарзӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд. 
 
БОБИ 5. МУНОСИБАТҲО БАЙНИ МАҚОМОТИ МАРКАЗӢ ВА МАҲАЛЛИИ ХАЗИНАДОРӢ, МАҚОМОТИ ХАЗИНАДОРӢ БО ВАЗОРАТУ ИДОРАҲО,  ТАШКИЛОТҲОИ БУҶЕТӢ  ВА МАҚОМОТИ ИДОРАКУНИИ ФОНДҲОИ МАҚСАДНОКИ ДАВЛАТӢ, УҲДАДОРИҲОИ ГИРАНДАГОНИ МАБЛАҒҲОИ БУҶЕТӢ
 
Моддаи 16. Муносибатҳо байни мақомоти марказӣ ва маҳаллии хазинадорӣ 
1. Муносибатҳо байни мақомоти марказӣ ва маҳаллии хазинадорӣ ба муносибатҳои байнибуҷетӣ асос ёфта, аз тақсим намудани даромадҳои танзимшаванда мувофиқи меъёрҳои муқарраргардида байни сатҳҳои буҷет, интиқоли трансфертҳои дорои хусусияти умумӣ дар байни сатҳҳои гуногуни идоракунии давлатӣ (мусоидати молиявӣ (субвенсия), маблағҳои ҳисоббаробаркунӣ байни буҷетҳо ва қарзҳои буҷетӣ), ҷамъоварӣ ва тартиб додани ҳисоботи молиявӣ ва буҷетӣ оид ба иҷрои буҷети давлатӣ иборат мебошад.
2. Мақоми марказии хазинадорӣ дар ҳолати пайдо шудани қарздорӣ аз рӯи моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет дар мақомоти маҳаллии хазинадорӣ, ба ин мақомот барои боздоштани хароҷот, ба ғайр аз моддаҳои зикршуда, супориш медиҳад.
3. Мақомоти марказӣ ва маҳаллии хазинадорӣ уҳдадоранд андоз ва даромадҳои саҳван воридшударо дар муҳлати даҳ рӯзи корӣ ба суратҳисоби буҷети дахлдор интиқол диҳанд.
4. Мақоми маҳаллии хазинадорӣ ба мақоми марказии хазинадорӣ ҳисоботи даврӣ ва муттаҳидкардашудаи молиявӣ ва буҷетиро дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия пешниҳод менамояд. 
 
Моддаи 17. Муносибатҳои мақомоти хазинадорӣ бо вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ 
1. Вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ уҳдадоранд талаботи мақомоти хазинадориро оид ба пешниҳод намудани маълумот ва ҳуҷҷатҳо, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани маблағгузорӣ тавассути низоми идоракунии молияи давлатӣ заруранд, иҷро намоянд. 
2. Дар ҳолати иваз шудани роҳбарон ва сармуҳосибони вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ роҳбарони нави онҳо уҳдадоранд дар ин хусус мақомоти хазинадориро дар муҳлати на зиёдтар аз панҷ рӯзи тақвимӣ ба таври хаттӣ хабардор намоянд.
3. Вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ уҳдадоранд воридоти даромадҳоро ба суратҳисоби хазинадории маблағҳои махсуси буҷети давлатӣ таъмин намоянд.
 
Моддаи 18. Муносибатҳои мақомоти хазинадорӣ ва мақомоти идоракунии фондҳои мақсадноки давлатӣ 
1. Мақомоти идоракунии фондҳои мақсадноки давлатӣ метавонанд аз хизматрасонии бонкии мақомоти хазинадорӣ истифода намоянд.
2. Мақомоти идоракунии фондҳои мақсадноки давлатӣ ба мақоми марказии хазинадорӣ ҳисоботи даврӣ ва муттаҳидкардашудаи молиявӣ ва буҷетиро пешниҳод менамоянд.
 
Моддаи 19. Уҳдадориҳои гирандагони маблағҳои буҷетӣ
1. Гирандагони маблағҳои буҷетӣ уҳдадоранд:
- ба мақомоти хазинадорӣ сари вақт ҳуҷҷат ва маълумоти заруриро барои тартиб додани нақшаи хазинавӣ дар шакли электронӣ пешниҳод намоянд;
- дархост ва ҳуҷҷатҳоеро, ки асоснокии маблағгузории буҷетиро тасдиқ менамоянд, ба мақомоти хазинадорӣ дар шакли электронӣ бо имзои электронии рақамӣ пешниҳод намуда, дар ҳолати надоштани имконияти пешниҳоди ҳуҷҷати электронӣ бо имзои электронии рақамӣ, ба мақомоти хазинадорӣ нусхаи аслии ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намоянд;
- истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағҳои буҷетиро таъмин намоянд;
- ҳангоми анҷом додани хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд;
- ба пайдоиши қарзҳои беасоси дебиторӣ ва кредиторӣ роҳ надиҳанд;
- ҳисоботи буҷетӣ ва молиявиро бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия ба мақомоти хазинадорӣ дар шакли электронӣ, бо имзои рақамии электронӣ имзошуда пешниҳод намуда, дар ҳолати надоштани имконияти пешниҳоди ҳисоботи буҷетӣ ва молиявии даврӣ ва солона бо имзои электронии рақамӣ, ба мақомоти хазинадорӣ нусхаи аслии ҳуҷҷатҳои ҳисоботиро пешниҳод намоянд.
2. Барои ғайримақсаднок истифода бурдани маблағҳои боқимондаи нақдӣ дар вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ роҳбарон, сармуҳосибон ва шахсони дигари аз ҷиҳати моддӣ масъул ҷавобгар мебошанд. Ҳангоми ошкор гардидани чунин далелҳо сметаҳои хароҷоти вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ дар соли молиявии дахлдор ба маблағи ғайримақсаднок истифодабурдашудаи маблағҳои буҷетӣ кам карда мешавад.
3. Роҳбарону сармуҳосибони гирандагони маблағҳои буҷетӣ барои ғайримақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, инчунин нодуруст ба мақомоти хазинадорӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо, маълумот ва ҳисоботҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсан ҷавобгар мебошанд.
4. Роҳбарону сармуҳосибони вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ, ки бо супоришномаҳои пулии дорои рамзи «махфӣ» маблағгузорӣ мешаванд, барои истифодаи ғайрисамаранок ва ғайримақсадноки маблағҳои буҷетӣ шахсан ҷавобгар мебошанд.
5. Дар ҳолати нодуруст пешниҳод гардидани ҳуҷҷатҳои пардохтӣ, риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ», пардохти қарзҳои кредитории беасос, ки боиси истифодабарии ғайрисамаранок ва ғайримақсадноки маблағҳои буҷетӣ мегарданд, роҳбарон ва сармуҳосибони вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ шахсан ҷавобгар мебошанд.
6. Роҳбарону сармуҳосибони вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ барои ба низоми иттилоотии идоракунии молияи давлатӣ пурра ва саҳеҳ ворид намудани рақамҳо, маълумот ва тамоми ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маблағгузорӣ бо истифодаи имзоҳои рақамии электронӣ шахсан ҷавобгар мебошанд. 
7. Ҳуҷҷатҳое, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия ҳамчун асоснокӣ барои амалӣ намудани маблағгузорӣ муайян гардидаанд, аз ҷумла протокол ва қарордодҳои тендерӣ, шартномаҳои хариди мол, кор ва хизматрасонӣ, ҳисоб-фактураҳои андоз, борхатҳо, санадҳои корҳои иҷрошуда ва ҳуҷҷатҳои дигари тасдиқкунандаи маблағгузорӣ дар вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ тибқи муҳлати барои онҳо муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шакли электронӣ ва коғазӣ нигоҳ дошта мешаванд.
 
 
БОБИ 6. БАҲИСОБГИРӢ ВА ҲИСОБОТДИҲӢ ОИД БА ИҶРОИ БУҶЕТ
 
Моддаи 20. Асосҳои баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ оид ба иҷрои буҷет 
1. Ҳисобот оид ба иҷрои буҷети давлатӣ ҳисоботи буҷетӣ, молиявӣ, замимаҳо ба ҳисоботи молиявӣ ва тавзеҳномаро дар бар мегирад.
2. Тавзеҳнома аз таҳлили иҷрои буҷет, маълумот оид ба иҷрои барномаҳои давлатӣ, натиҷаҳои бадастомада аз истифодаи маблағҳои буҷетӣ дар соли ҳисоботии молиявӣ иборат мебошад.
3. Дар тавзеҳнома маълумот тибқи принсипҳои асосӣ ва сиёсати таҳияи ҳисобот дар асоси стандартҳои ҳисоботи молиявӣ дарҷ карда мешаванд.
4. Ҳисоботи буҷетӣ маълумотро оид ба иҷрои буҷет аз рӯи даромад ва хароҷоти гурӯҳбандии буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сатҳи воқеии касри буҷет ва сарчашмаҳои маблағгузории он дар асоси Роҳнамои омори молияи давлатии аз ҷониби Хазинаи Байналмилалии Асъор омодашуда, инчунин иттилооти дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бар мегирад.
5. Ҳисоботи молиявӣ аз ҳисоботи зерин иборат аст:
- ҳисобот оид ба ҳолати молиявӣ;
- ҳисобот оид ба натиҷаҳои фаъолияти молиявӣ; 
- ҳисобот оид ба гардиши воситаҳои пулӣ;
- ҳисобот оид ба тағйирёбии сармоя. 
6. Баҳисобгирӣ ва ҳисоботи буҷетӣ дар асоси методологияи ягонаи муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия мутобиқи стандартҳои ҳисоботдиҳии молиявии миллӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботдиҳии молиявӣ амалӣ карда мешаванд.
7. Баҳисобгирии буҷетӣ мутобиқи нақшаи ягонаи ҳисобҳо, ки гурӯҳбандии буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирад, амалӣ карда мешавад.
8. Шаклҳои ҳисоботдиҳии молиявию буҷетӣ ва тартиби таҳияи ҳисоботҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия муқаррар карда мешаванд. 
 
Моддаи 21. Қоидаҳои баҳисобгирии муҳосибавии хазинадорӣ ва ҳисобот оид ба иҷрои буҷети давлатӣ
1. Маълумоти хазинадорӣ дар шакли иқтибосҳои бонкӣ ҳамчун маълумоти ягона ва аслӣ эътироф гардида, дар асоси он вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ ҳисоботи зарурӣ ва тавозунӣ таҳия менамоянд. 
2. Мақомоти маҳаллии хазинадорӣ уҳдадоранд, ки мувофиқи шаклҳои ҳисоботии муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия дар бораи иҷрои буҷетҳои маҳаллӣ ба мақоми марказии хазинадорӣ дар шакли электронӣ ва коғазӣ ҳисоботи даврӣ (моҳона, семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солона) пешниҳод намоянд. 
3. Вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ ба мақомоти хазинадорӣ дар шакли электронӣ ва ё коғазӣ ҳисоботи даврӣ месупоранд. Дар ҳолати сари вақт насупоридани ҳисобот мақомоти  хазинадорӣ ҳуқуқ доранд роҳбарияти вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетиро хабардор намуда, то супоридани ҳисобот маблағгузориро, ба истиснои моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет боз доранд.  
4. Мақоми хазинадорӣ даромад ва хароҷоти буҷети давлатиро ба ҳисоб гирифта, баъди анҷом ёфтани соли молиявии дахлдор дар бораи иҷрои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи солонаро тартиб медиҳад.
5. Қоидаҳои баҳисобгирии муҳосибӣ оид ба иҷрои буҷети давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия муайян карда мешавад.
 
Моддаи 22. Таҳияи ҳисоботи молиявӣ ва буҷетӣ
1. Тақсимкунандагони асосии маблағҳои буҷетӣ ва маъмурони даромадҳои буҷет ҳисоботи муттаҳидкардашудаи буҷетӣ ва молиявиро дар асоси ҳисоботҳои ташкилотҳои зертобеъ таҳия намуда, ба мақомоти хазинадорӣ дар муҳлатҳои муқарраргардидаи қонунгузорӣ дар шакли электронӣ ё коғазӣ пешниҳод менамоянд.
2. Мақомоти маҳаллии хазинадорӣ ба мақоми марказии хазинадорӣ ҳисоботи муттаҳидкардашудаи буҷетӣ ва молиявиро дар шакли электронӣ ё коғазӣ пешниҳод менамоянд.
3. Мақомоти идоракунии фондҳои мақсадноки давлатӣ ба мақоми марказии хазинадорӣ ҳисоботи буҷетиро оид ба иҷрои буҷети фондҳои мақсадноки давлатӣ дар шакли электронӣ ё коғазӣ пешниҳод менамоянд.
4. Мақоми марказии хазинадорӣ ҳисоботи ҷамъбастии буҷетӣ ва молиявиро оид ба иҷрои буҷети давлатӣ дар асоси ҳисоботи муттаҳидкардашудаи буҷетӣ ва молиявии тақсимкунандагони асосии маблағҳои буҷетӣ, мақомоти маҳаллии хазинадорӣ ва фондҳои мақсадноки давлатӣ дар шакли электронӣ ва коғазӣ тартиб медиҳанд.
 
 
БОБИ 7. НАЗОРАТ ВА АУДИТИ ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ ХАЗИНАДОРӢ
 
Моддаи 23. Назорат ва аудити фаъолияти мақомоти хазинадорӣ
Назорат ва аудити фаъолияти мақомоти хазинадорӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
 
БОБИ 8. ТАЛАБОТ ОИД БА ҲИФЗИ ИТТИЛООТ
 
Моддаи 24. Талабот оид ба ҳифзи иттилоот 
Иттилоот оид ба амалиёти бонкии хазинадорӣ дар низоми иттилоотии хазинадорӣ тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд.
 
БОБИ 9. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
 
Моддаи 25. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 26. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хазинадорӣ» 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хазинадорӣ» аз 18 июни соли 2008 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №6, мод. 454) аз эътибор соқит дониста шавад.
 
Моддаи 27. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                      Эмомалӣ РАҲМОН 
 
ш. Душанбе,
 2 январи соли 2020,
№ 1674
 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АЗ ЭЪТИБОР СОҚИТ ДОНИСТАНИ БАЪЗЕ САНАДҲОИ ҚОНУНГУЗОРИИ РСС ТОҶИКИСТОН, КИ ДАР ДАВРАИ СОЛҲОИ 1961 - 1963 ҚАБУЛ ШУДААНД

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Сшб, 15/09/2020 - 15:12
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1667
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
02.01.2020
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
ДАР БОРАИ АЗ ЭЪТИБОР СОҚИТ ДОНИСТАНИ БАЪЗЕ САНАДҲОИ ҚОНУНГУЗОРИИ РСС ТОҶИКИСТОН, КИ ДАР ДАВРАИ СОЛҲОИ 1961 - 1963 ҚАБУЛ ШУДААНД
 
Моддаи 1. Санадҳои зерини қонунгузории РСС Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 1961-1963 қабул шудаанд, аз эътибор соқит дониста шаванд: 
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 13 октябри соли 1961 «Дар бораи тағьир додани мӯҳлати ба амал ҷорикунии Кодексҳои ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятии РСС Тоҷикистон» (Ведомостьҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1961, №30, мод.160);
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 13 октябри соли 1961 «Дар бораи даровардани тағьирот ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии РСС Тоҷикистон» (Ведомостьҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1961, №30, мод. 159);
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 1961  «Дар бораи тартиби ба амал ҷорӣ кардани Кодексҳои ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятии РСС Тоҷикистон» (Ведомостьҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1961, №34, мод.185);
- Қонуни Республикаи Советии Социалистии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 1961 «Дар бораи ҳуқуқҳои Бюджетии Республикаи Советии Социалистии Тоҷикистон ва Советҳои маҳаллии депутатҳои меҳнаткашони РСС Тоҷикистон» (Ведомостьҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1962, №1, мод.11);
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 24 феврали соли 1962 «Дар бораи ба моддаи 1001 пурра кардани Кодекси ҷиноятии РСС Тоҷикистон» (Ведомостьҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1962, №7, мод. 56);
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 3 маи соли 1962 Дар бораи ташкил кардани Вазорати маорифи халқи РСС Тоҷикистон» (Ведомостьҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1962, № 14, мод. 96);
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 30 июни соли 1962 «Дар бораи ба Кодекси ҷиноятии РСС Тоҷикистон даровардани тағьирот ва иловаҳо» (Ведомостьҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1962, № 20, мод.127);
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 3 августи соли 1962 «Дар бораи бемузд гирифтани хонаҳо, дачаҳо ва дигар биноҳое, ки гражданинҳо аз ҳисоби даромади бемеҳнат сохтаанд ва ё харида гирифтаанд» (Ведомостьҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1962, №23, мод.157);
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 13 сентябри соли 1962 «Дар бораи ба Вазорати муҳофизати тартиботи ҷамъиятии РСС Тоҷикистон табдил додани Вазорати корҳои дохилии РСС Тоҷикистон» (Ведомостьҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1962, №27, мод.172);
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1962 «Дар бораи ташкил додани Саруправленияи энергетика ва электроникунонидан дар назди Совети Вазирони РСС Тоҷикистон» (Ведомостьҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1962, №33, мод. 222);
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 10 декабри соли 1962 «Дар бораи муқаррар намудани номи фахрии Геологи хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон» (Ведомостьҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1962, №35, мод. 243);
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 4 январи  соли 1963 «Дар бораи дар ҳайати райони Панҷ ташкил кардани Совети қишлоқи Тельман» (Ведомостьҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1963, №2, мод.17);
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 4 январи соли 1963 «Дар бораи тағьиротҳо дар сохти маъмурӣ - территориявии РСС Тоҷикистон» (Ведомостьҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1963, №2, мод. 20);
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 9 январи соли 1963 «Дар бораи тағьир додани ҳудуди байни Советҳои қишлоқи  Моғиён ва Шинги райони Панҷакент» (Ведомостьҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1963, № 2, мод. 22);
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 4 январи соли 1963 «Дар бораи тағьир додани сохтори маъмурию территориявии РСС Тоҷикистон» (Ведомостьҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1963, № 2);
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 24 январи соли 1963 «Дар бораи ба Комитети давлатии Совети Вазирони РСС Тоҷикистон оид ба маълумоти касбӣ-техникӣ ва муташаккилона қабулкунии коргарон табдил додани Комитети маълумоти касбӣ-техникии назди Совети Вазирони РСС Тоҷикистон» (Ведомостьҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1963, №4, мод. 38);
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 8 феврали соли 1963 «Дар бораи ба тобеи маъмурии Совети депутатҳои меҳнаткашони райони Октябрь додани пасёлкаи Такоб» (Ведомостьҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1963, № 5, мод. 61); 
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 9 феврали соли 1963 «Дар бораи ба Совети қишлоқи Барсеми райони Шуғнон додани номи Совети қишлоқи Сучан» (Ведомостьҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1963, №5, мод. 62);
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 14 феврали соли 1963 «Дар бораи таъсис намудани Байрақи Сурхи гарнизонҳои милицияи  РСС  Тоҷикистон  ва тасдиқ намудани Низомномаи  Байрақи Сурх» (Ведомостьҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1963, № 6, мод. 69);
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 3 маи соли 1963 «Дар бораи аз нав ташкил кардани Комитети давлатии Совети Вазирони РСС Тоҷикистон оид ба маълумоти касбӣ-техникӣ ва муташаккилона қабулкунии коргарон» (Ведомостьҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1963, № 13, мод.120);
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 7 маи соли 1963 «Дар бораи маркази маъмурии райони Хуҷанд» (Ведомостьҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1963, №14, мод.124);
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 25 маи соли 1963 «Дар бораи дигар кардани номи Совети қишлоқи  Заҳматободи райони Панҷакент» (Ведомостьҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1963, №15, мод.126);
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 25 маи соли 1963 «Дар бораи тағьир додани ҳудуди байни Советҳои қишлоқии Деҳмой ва Нови райони Нов» (Ведомостьҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1963, №15, мод.127);
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 25 маи соли 1963 «Дар бораи қисман тағьир додани ҳудуди байни районҳои Ҳисор ва Ленин» (Ведомостьҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1963, №15, мод.128);
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 25 маи соли 1963 «Дар бораи дар ҳайати райони Ленин ташкил кардани Совети қишлоқи Деҳмалик» (Ведомостьҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1963, №15, мод.129);
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 1 июни соли 1963 «Дар бораи васеъ намудани ҳудуди шаҳри Душанбе» (Ведомостьҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1963, №16, мод.140);
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 8 июни соли 1963 «Дар бораи ба ҳайати райони Колхозобод дохил кардани қишлоқи ба номи Фрунзеи райони Панҷ» (Ведомостьҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1963, №17, мод.142);
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 8 июни соли 1963 «Дар бораи муқаррар кардани сарҳадди байни районҳои Колхозобод ва Панҷ» (Ведомостьҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1963, №17, мод.143);
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 10 июни соли 1963 «Дар бораи муқаррар кардани сарҳадди байни районҳои Ишкошим ва Шуғнони вилояти автономии Бадахшони Кӯҳӣ» (Ведомостьҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1963, №17, мод.144);
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 10 июни соли 1963 «Дар бораи ба ҳайати райони Орҷоникидзеобод дохил кардани Совети қишлоқи Оби Гарми, райони Ғарм» (Ведомостьҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1963, №17, мод.145);
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 10 июни соли 1963 « Дар бораи муқаррар кардани сарҳадди байни районҳои Шуғнон ва Ванҷи вилояти автономии Бадахшони Кӯҳӣ» (Ведомостьҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1963, №17, мод.146);
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 10 июни соли 1963 «Дар бораи муқаррар кардани сарҳадди байни районҳои Ванҷ ва Мурғоби вилояти автономии Бадахшони Кӯҳӣ» (Ведомостьҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1963, №17, мод.147);
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 12 июни соли 1963 «Дар бораи муқаррар намудани номи фахрии «Инженери хизматнишондодаи  РСС Тоҷикистон» (Ведомостьҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1963, №18, мод.155);
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 21 июни соли 1963 «Дар бораи аз органи республикавӣ ба органи иттифоқӣ-республикавӣ табдил додани Госплани РСС Тоҷикистон» (Ведомостьҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1963, №18, мод.156);
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 21 июни соли 1963 «Дар бораи аз органи республикавӣ ба органи иттифоқӣ-республикавӣ табдил додани Госстрои РСС Тоҷикистон» (Ведомостьҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1963, №18, мод.157);
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 3 июли соли  1963 «Дар бораи тағьир додани ҳудуди байни Советҳои қишлоқи Ҳисор, Хонақо ва Мирзо Ризо ва ба ҷои дигар кӯчондани маркази Совети қишлоқи Хонақои райони Ҳисор» (Ведомостьҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1963, №19, мод.165);
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 18 июли соли 1963 «Дар бораи даровардани тағьирот ба Кодекси мурофиавии ҷинояти РСС Тоҷикистон» (Ведомостьҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1963, №22, мод.182);
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 19 августи соли 1963 «Дар бораи тағьир додани ҳудуди байни Советҳои қишлоқии Айнӣ ва Рарз ва ба ҷои дигар кӯчондани маркази Совети қишлоқи Рарзи райони Панҷакент» (Ведомостьҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1963, №24, мод.190);
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 29 августи соли 1963 «Дар бораи дигар кардани номи қишлоқи Панҷи райони Панҷ» (Ведомостьҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1963, № 25, мод. 200);
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 9 октябри соли 1963 «Дар бораи барҳам додани  Совети қишлоқи Ёли райони Москва» (Ведомостьҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1963, № 29, мод. 213);
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 28 декабри соли 1963 «Дар бораи кӯчонидани маркази маъмурии  Совети қишлоқи  Яхак – юсти райони Ғарм» (Ведомостьҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1964, № 1).
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
Президенти Ҷумҳурии 
Тоҷикистон                                                                         Эмомалӣ РАҲМОН
 
ш. Душанбе,
2 январи соли 2020,
№ 1667
 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲАДДИ АҚАЛИ ЗИНДАГӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 01/09/2020 - 11:07
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
521
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
19.05.2009
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҲАДДИ АҚАЛЛИ ЗИНДАГӢ
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2022038).
 Қонуни мазкур асосхои хукукӣ, ташкилӣ ва иқтисодии муайян намудани ҳадди ақалли зиндагӣ, тартиби баҳисобгирӣ, таъмини кумакҳои давлатии ичтимоӣ ба шаҳрвандон, инчунин татбиқи дигар тадбирҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолиро дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон муайян менамояд. 
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024  № 2038).
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- сабади истеъмолӣ - маҷмӯи ҳадди ақали маҳсулоти озуқа, маҳсулоти ғайриозуқа ва хизматрасонӣ, ки барои нигаҳдории саломатии инсон, таъмини зиндагӣ ва фаъолияти ӯ заруранд;  (Қонуни ҶТ аз 03.01.2022038).
- ҳадди ақали зиндагӣ - арзиши сабади истеъмолӣ ва маблағи пардохтҳои ҳатмӣ;
- ҳадди камбизоатӣ - меъёри даромадҳо барои қонеъ гардонидани талаботи ҳаётан муҳими инсон, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба имкониятҳои иқтисодӣ муқаррар карда шудааст;
- гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ - гурӯҳи шаҳрвандоне, ки аз рӯи аломатҳои ҷинсию синнусолӣ, мавқеи иҷтимоӣ ва сатҳи таъминоти моддӣ муттаҳид мебошанд (аҳолии қобили меҳнат, нафақахӯрон ва кӯдакон);
- сатҳи зиндагӣ - маҷмӯи неъматҳои моддию маънавӣ ва хизматрасонӣ, ки талаботи ҳаётан муҳими одамонро қонеъ мегардонанд;
- кӯмаки иҷтимоии давлатӣ - кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ, субсидияҳо, ҷубронпулиҳо, хизматрасонии иҷтимоӣ ва молҳои зарурӣ, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба оилаҳо ва ё шаҳрвандони камбизоат дода мешаванд;
- шаҳрвандон (оилаҳо) - и камбизоат оилаҳое (шаҳрвандони яккаву танҳо), ки бо сабабҳои аз онҳо новобаста, даромади миёнаи сарикасии онҳо аз андозаи ҳадди ақали зиндагӣ паст мебошад; (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024  № 2038).
- даромади миёнаи сарикасии оила (шаҳрвандони яккаву танҳо)андозаи миёнаи моҳонаи даромади умумии ба ҳар як узви оила (шаҳрвандони яккаву танҳо) тақсимшуда.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳадди ақали зиндагӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳадди ақали зиндагӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад. (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024  № 2038).
Моддаи 3. Таъиноти мақсадноки ҳадди ақали зиндагӣ
Ҳадди ақали зиндагӣ, ки дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда мешавад, бо мақсадҳои зерин истифода мегардад:
- арзёбии сатҳи зиндагии аҳолӣ барои таҳия ва татбиқи сиёсати иҷтимоӣ ва барномаҳои иҷтимоии мақсаднок; (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024  № 2038).
- таҳлил ва пешбинии сатҳи зиндагии аҳолй;
- ташаккули буҷети давлатӣ асосноккунии кӯмакрасонии иҷтимоии давлатӣ ба шаҳрвандон (оилаҳо) - и камбизоат; (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024  № 2038).
- тадриҷан наздик кардани андозаҳои муқарраршавандаи ҳадди ақали музди меҳнат, нафақаҳо, ҷубронпулиҳо, кӯмакпулиҳо ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ;
- муайян кардани ҳадди камбизоатӣ ва татбиқи тадбирҳо оид ба дастгирии иҷтимоии аҳолӣ.
Моддаи 4. Намудҳои ҳадди ақали зиндагӣ
1. Вобаста аз таъиноти мақсаднок ҳадди ақали зиндагӣ ба намудҳои зерин тақсим мешавад:
- сарикасӣ; (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024  № 2038).
- аз рӯи гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ.
2. Ҳадди ақали зиндагӣ дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаҳои он, бо ҷудо кардани аҳолӣ ба сокинони шаҳр ва деҳот инчунин бо назардошти хусусиятҳои ҷуғрофию иқлимӣ ва хусусиятҳои дигари истеъмоли неъматҳои моддӣ ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ дар маҷмӯъ муайян карда мешавад. (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024  № 2038).
Моддаи 5. Таркиби сабади истеъмолӣ
1. Сабади истеъмолӣ аз инҳо иборат мебошад:
- маҷмӯи маҳсулоти озуқа;
- маҷмӯи маҳсулоти ғайриозуқа;
- маҷмӯи хизматрасонӣ.
2. Ҳангоми муайян кардани маҷмӯи маҳсулоти озуқа меъёрҳои илман асоснокшудаи талаботи ҳадди ақали гурӯҳҳои иҷтимоию демографии аҳолӣ ба маҳсулоти озуқа, инчунин таркиби кимиёвӣ ва арзиши ғизонокии маҳсулоти озуқа ба инобат гирифта мешаванд. (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024  № 2038).
3. Ҳангоми муайян кардани маҷмӯи маҳсулоти ғайриозуқа, ки ба таркиби сабади истеъмолӣ дохил мешаванд, қонеъгардонии талаботи ҳадди ақали ҳаётан муҳими гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ ба маҳсулоти ғайриозуқа бо назардошти хусусиятҳои ҷинсиву синнусолӣ ва либос, инчунин барои ташкили чорабиниҳои шароити маишӣ ба назар гирифта мешавад. (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024  № 2038).
4. Ҳангоми муайян намудани маҷмӯи хизматрасонии дар таркиби сабади истеъмолӣ мавҷудбуда, қонеъ намудани талаботи ҳадди ақали аҳолӣ ба хизматрасонии манзилию коммуналӣ, маишӣ, нақлиётӣ ва алоқа ба инобат гирифта мешавад. (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024  № 2038).
Моддаи 6. Таҳия, бозҳисобӣ ва тасдиқи сабади истеъмолӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024  № 2038).
1. Сабади истеъмолӣ барои гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ зимни тавсияномаҳое, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ бо иштироки иттиҳодияи намояндагони кормандони Тоҷикистон таҳия мегарданд, ҳисоб карда мешавад.
2. Тавсияномаҳои мазкур на камтар аз як маротиба дар 5 сол муайян карда шуда, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегарданд.
3. Таркиб ва сохтори сабади истеъмолиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 7. Даврият ва қоидаҳои ҳисоби андозаи ҳадди ақалли зиндагӣ 
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024  № 2038).
1. Андозаи ҳадди ақали зиндагии сарикасӣ ва гурӯҳҳои иҷтимоию демографӣ дар асоси сабади истеъмолӣ ва маълумоти оморӣ оид ба сатҳи нархҳои истеъмолии маҳсулоти озуқа, маҳсулоти ғайриозуқа ва хизматрасонӣ, бо назардошти ҳамаи намудҳои савдо ва хароҷот барои боҷҳои давлатӣ ва пардохтҳои ҳатмӣ ҳар семоҳа ҳисоб карда мешавад. (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024  № 2038).
2. Андозаи хҳадди ақалли зиндагӣ, қоидаҳои ҳисоб ва даврияти бозҳисобии он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024  № 2038).
Моддаи 8. Истифодаи хадди ақали зиндагӣ ҳангоми ба шаҳрвандон расонидани кӯмаки иҷтимоии давлатӣ
1. Андозаи ҳадди акали зиндагӣ ҳангоми муқаррар намудани андозаҳои ҳадди ақали музди меҳнат ва нафақаҳо, инчунин андозаҳои стипендия, кӯмакпулиҳо ва дигар пардохтҳои иҷтимоие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, ҳамчун нишондиҳанда ҳисобида мешавад.
2. Ҳангоми бастани шартномаҳои меҳнатии коллективӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вақти муайян намудани андозаи музди меҳнати кормандон ва дигар кӯмакпулиҳо, андозаи ҳадди ақали зиндагӣ ҳамчун меъёри асосӣ истифода мешавад.
3. Наздик кардани ҳадди ақали кафолатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи ҳадди ақали зиндагӣ бо назардошти вазъияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила ба амал оварда мешавад.
Моддаи 9. Нашри маълумот оид ба андозаи ҳадди ақали зиндагӣ
Маълумот дар бораи андозаи ҳадди ақали зиндаги сарикасӣ аз рӯи гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ ба таври пурра дар ҷумҳурӣ ҳар се моҳ дар нашрияи расмии омории Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор карда мешавад. (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024  № 2038).
Моддаи 10. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
19 майи соли 2009 № 521

Рушди қонунгузории соҳаи иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Пшб, 03/09/2020 - 11:21
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

Pages