ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1993 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Кодекс 1999 КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1978 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АЛОҚАИ БАРҚӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

Сентябр 2020

-A A +A

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМ

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Сшб, 15/09/2020 - 15:00
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1655
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
02.01.2020
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМ
 
Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муқовимат ба экстремизмро бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
 
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ 
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- экстремизм - ифодаи мафкура ва фаъолияти экстремистие, ки барои бо роҳи зӯроварӣ ва амалҳои дигари зиддиқонунӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) равона карда шудааст;  
- фаъолияти экстремистӣ - фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ, воситаҳои ахбори омма ё ташкилотҳои дигар, аз ҷумла созмонҳои байналмилалӣ ва шахсони воқеӣ оид ба банақшагирӣ, ташкил, тайёр кардан ва иҷрои амалҳое, ки ба содир кардани фаъолияти экстремистӣ, ноустувор сохтани амнияти миллӣ ва қобилияти мудофиавии давлат, инчунин даъвати оммавӣ ҷиҳати бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимияти давлатӣ ё бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохтори конститутсионӣ ва ҳаракатҳое, ки ба барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ) равона шудаанд;
- маблағгузории экстремизм - бевосита ё бавосита пешниҳод намудан, ҷамъ овардани молу мулк ва воситаҳо бо мақсади пурра ё қисман истифода бурдани онҳо барои банақшагирӣ, ташкил ва содир кардани амалҳои экстремистӣ ва хусусияти экстремистидошта ва дастгирии фаъолияти экстремистӣ ё дарки он ки маблағҳои мазкур барои ин мақсадҳо муқаррар гардидааст;
- ташкилоти экстремистӣ - гурӯҳи муташаккили шахсон, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё ташкилоти дигаре, ки нисбати онҳо қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи суд дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ мавҷуд аст;
- маводи экстремистӣ - ҳуҷҷат ва иттилоот дар ҳама намуди ҳомилҳо, ки дорои мафкураи экстремизм ё даъваткунанда, сафедкунанда ё асосноккунандаи амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ мебошад;
- ҳуҷҷат - ҳомили моддие, ки дар он ҳама намуди иттилоот дар шакли матнҳои дастнавис ё чопӣ (варақаҳо, адабиёт, маҷалла, рӯзнома ва китобчаҳо), сабти овозӣ, тасвирӣ ё якҷоя (маводи аккосӣ, навори кино, видеороликҳо, сабти аудиою видео) сабт шуда, дорои маълумоти имкониятдиҳандаи ҳаммонандкунонии он мутобиқ ба мафкураи экстремизм ё даъваткунанда, сафедкунанда ё асосноккунандаи фаъолияти экстремистӣ мебошад;
- муқовимат ба экстремизм - фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шахсони мансабдори онҳо, инчунин шахсони дигари ҳуқуқӣ, ки ба ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти давлат, ошкор кардани сабабу шароити ба зуҳуроти экстремизм мусоидаткунанда, инчунин барои огоҳонӣ, ошкор, пешгирӣ, рафъ ва қатъ намудани фаъолияти экстремистӣ ва аз байн бурдани оқибатҳои он равона карда шудааст;
- ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта - кирдори (ҳаракат ё беҳаракатии) содиршудаи гунаҳгоронаи барои ҷамъият хавфноке, ки дар асоси хусуматҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, мафкуравӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) бо мақсади маҳдудияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, расондани зарар ба амнияти ҷамъиятӣ, асосҳои сохтори конститутсионӣ, инчунин ба сулҳу амнияти байналмилалӣ равона гардида, бо таҳдиди татбиқи ҷазо тибқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст;
- ҳуқуқвайронкунии маъмурии хусусияти экстремистидошта - кирдори (амал ё беамалии) зиддиҳуқуқӣ ва гунаҳкорона, ки дар асоси хусуматҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, мафкуравӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) содир шуда, барои он тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шудааст.
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  муқовимат ба экстремизм   
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба экстремизм ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.  
 
Моддаи 3. Фаъолияте, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон экстремистӣ ҳисобида мешавад
1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти экстремистӣ манъ мебошад.
2. Фаъолияте, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон экстремистӣ ҳисобида мешавад:
- бо зӯрӣ сарнагун кардан ва ё тағйир додани сохтори конститутсионӣ, вайрон ва халалдор кардани соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мусоидат кардан ба чунин кирдорҳо;
- барангехтани кинаю адовати нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, динӣ (мазҳабӣ) ва муноқишаҳои иҷтимоӣ, инчунин тарғиби махсусият ва бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин (мазҳаб), забон, мансубияти онҳо ба миллат, нажод ё маҳал ба таври оммавӣ ё бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё содир кардани ин ҳаракатҳо бо роҳи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он;
- амалҳое, ки ба ноустувор сохтани амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудаанд;
- амалҳое, ки ба ғасб ё аз худ кардани ваколатҳои ҳокимият равона шудаанд;
- ташкил кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ё иштирок дар онҳо;
- паст задани шаъну эътибори миллӣ;
- вайрон кардани ҳуқуқ, озодӣ, манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд вобаста ба мансубияташ ба гурӯҳи иҷтимоӣ, нажод, миллат, қавм, маҳал, дин (мазҳаб) ва забон ё муносибати ӯ ба дин;
- ҷалб намудан барои иштирок дар амалҳои экстремистӣ, инчунин омӯзондани мафкураи экстремистӣ; 
- монеъ шудан ё маҷбур кардан ба тағйир додани хусусияти фаъолияти қонунии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунӣ, комиссияҳои интихоботӣ, ташкилот, иттиҳодияҳои дигар  ва шахсони мансабдори онҳо;
- истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё ташкилоти дигари давлатӣ ва наздикони онҳо бо мақсади қасос гирифтан барои он амалҳое, ки бо иҷрои фаъолияти хизматӣ вобаста бошад ё ин ки хатари истифодаи зӯроварӣ вобаста ба ин асосҳо;
- ташвиқот ва ба намоиши оммавӣ гузоштани нишон, парчам ё рамзи дигари ташкилотҳои аз ҷониби суд экстремистӣ эътирофшуда;
 - даъвати оммавӣ барои иҷро намудани амалҳои экстремистӣ ё интишори маводи экстремистӣ, инчунин тайёр кардан ва нигоҳ доштани онҳо бо мақсади паҳн намудан;
- нашр ва (ё) паҳн кардани маводи чопӣ, аудиоӣ, видеоӣ ва маводи дигари дорои хусусияти экстремистӣ дар воситаи ахбори омма, шабакаи интернет, воситаи алоқаи барқӣ.
 
Моддаи 4. Принсипҳои муқовимат ба экстремизм
Муқовимат ба экстремизм ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- қонуният;
- риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин манфиатҳои қонунии ташкилотҳо;
- бартарияти таъмини амнияти давлат;
- бартарияти чораҳои пешгирикунандаи фаъолияти экстремистӣ;
- ба таври мунтазам, маҷмӯӣ ва мувозинавӣ ба роҳ мондани тадбирҳои сиёсӣ, иттилоотию ташвиқотӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, аз ҷумла ҳуқуқӣ – маъмурӣ, ҳуқуқӣ – ҷиноятӣ ва чораҳои дигари муқовимат ба экстремизм;
- ҳамкории давлат бо шаҳрвандон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, воситаҳои ахбори омма, созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилоту иттиҳодияҳои дигар дар муқовимат ба экстремизм;
- ногузирии ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ;
- мутобиқати чораҳои муқовимат ба экстремизм ба дараҷаи хавфнокии фаъолияти экстремистӣ.
Моддаи 5. Самтҳои асосии муқовимат ба экстремизм
Муқовимат ба экстремизм дар самтҳои асосии зерин амалӣ мегардад:
- андешидани чораҳои пешгирикунанда, ки барои огоҳонии паҳншавии мафкураи экстремизм ва фаъолияти экстремистӣ, аз ҷумла ошкор намудан ва бартарафсозии сабабу шароити ба онҳо мусоидаткунанда равона гардидааст;
- огоҳонӣ, ошкор, пешгирӣ, рафъ ва қатъ намудани фаъолияти экстремистӣ, инчунин ошкор ва тафтиш намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта;
- ҳамкории байналмилалӣ дар самти муқовимат ба экстремизм;
- ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти муқовимат ба экстремизм.
Моддаи 6. Вазифаҳои асосии муқовимат ба экстремизм 
Вазифаҳои асосии муқовимат ба экстремизм инҳоянд:
- ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти давлат;
- барҳам додани таҳдиди экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти экстремистӣ, бартарафсозии сабабу шароити ба онҳо мусоидаткунанда;
- татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба экстремизм;
- таҳия ва амалӣ намудани тадбирҳои маҷмӯӣ ва дурнамои  муқовимат ба экстремизм;
- таъмини уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм, аз ҷумла иштирок дар чорабиниҳои байналмилалӣ ва минтақавии муқовимат ба экстремизм;
- баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон тавассути ташвиқу тарғиб, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, гиромӣ доштани урфу одатҳои миллӣ, фарҳангӣ, ташаккули фазои таҳаммулнопазирӣ нисбат ба экстремизм;
- дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доштани қувваю воситаҳои таъмини мубориза бо экстремизм;
- муқовимат ба маблағгузории экстремизм;
- андешидани тадбирҳои иловагӣ дар маҳалҳои аз ҷиҳати паҳншавии мафкураи экстремизм нисбатан осебпазир.
 
БОБИ 2. АСОСҲОИ ИДОРАКУНИИ МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМ
 
Моддаи 7. Салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати давлатии муқовимат ба экстремизмро муайян менамояд. 
 
 Моддаи 8. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм дорои салоҳияти зерин мебошад:
- татбиқи сиёсати давлатиро дар самти муқовимат ба экстремизм роҳбарӣ менамояд;
- консепсия, стратегия, барномаи давлатӣ ва нақшаҳоро дар самти муқовимат ба экстремизм қабул ё тасдиқ намуда, иҷрои онҳоро назорат мекунад;
- санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар самти муқовимат ба экстремизм қабул ва тасдиқ менамояд;  
- маблағгузории чораҳои татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба экстремизмро таъмин мекунад;
- ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд.
 
Моддаи 9. Субъектҳои муқовимат ба экстремизм
Субъектҳои муқовимат ба экстремизм аз субъектҳои ба экстремизм бевосита муқовиматкунанда ва субъектҳое, ки дар муқовимат ба экстремизм иштирок менамоянд, иборат мебошанд.
Моддаи 10. Субъектҳои ба экстремизм бевосита муқовиматкунанда
Субъектҳои ба экстремизм бевосита муқовиматкунанда инҳо мебошанд:
- Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон; 
- Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи   Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Бонки миллии Тоҷикистон.
 
Моддаи 11. Ваколатҳои субъектҳои ба экстремизм бевосита муқовиматкунанда  
1. Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- фаъолияти субъектҳои муқовимат ба экстремизмро дар самти   ошкор ва пешгирии экстремизм ва рафъ намудани фаъолияти экстремистӣ ҳамоҳанг месозад;  
- бо тартиби муқарраргардида ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъи муқовимат ба экстремизм маълумот пешниҳод мекунад;
- лоиҳаҳои консепсия, стратегия ва барномаи давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар самти муқовимат ба экстремизм мувофиқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати қабул ва тасдиқ пешниҳод менамояд;
- ҷиҳати огоҳонӣ, ошкор, пешгирӣ, рафъ ва қатъ намудани фаъолияти экстремистӣ, инчунин муайян ва тафтиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта чораҳо меандешад;
- кӯшишҳои убури ғайриқонунии сарҳади давлатиро аз ҷониби аъзои ташкилоти экстремистӣ пешгирӣ менамояд;
- ғайриқонунӣ аз сарҳади давлатӣ гузарондани маводи экстремистӣ  ва ҳамчунин силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, маводи тарканда, моддаҳои заҳрнок ва радиоактивиеро, ки метавонанд дар фаъолияти экстремистӣ истифода гарданд, пешгирӣ мекунад; 
- иттилоотро оид ба самти муқовимат ба экстремизм ҷамъоварӣ, таҳлил ва ҷамъбаст менамояд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя ва амнияти шахсони дар муқовимат ба экстремизм ҳамкорикунандаро таъмин менамояд;
- ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд.
2. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- ҷиҳати ошкор, огоҳонӣ, пешгирӣ, рафъ ва қатъ намудан, инчунин муайян ва тафтиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта чораҳо меандешад;
- маълумотҳои омориро оид ба самти муқовимат ба экстремизм  ҷамъоварӣ, таҳлил ва коркард намуда, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта ва шахсони чунин ҷиноятҳо содирнамударо амалӣ менамояд;
- бо мақсади огоҳонӣ ва пешгирии амалҳои экстремистӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотиро ба роҳ мемонад; 
- бо тартиби аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида ҳимоя ва амнияти шахсони дар муқовимат ба экстремизм ҳамкорикунандаро таъмин менамояд;
- ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд.
3. Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм дорои ваколатҳои зерин мебошад: 
- фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар самти таҳқиқ ва тафтиши ҷиноятҳои вобаста ба экстремизм ҳамоҳанг менамояд;
- риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар самти муқовимат ба экстремизм назорат ва барои бартарафсозии қонунвайронкуниҳо дар ин самт ҳуҷҷатҳои мавриди эътиноии прокурорӣ қабул менамояд; 
- барои огоҳонӣ, ошкор, пешгирӣ, рафъ ва қатъ намудани фаъолияти экстремистӣ тадбирҳо меандешад ва тафтиши пешакии ҷиноятҳои хусусияти экстремистидоштаро анҷом медиҳад;
- дар судҳо айбдоркунии давлатиро оид ба парвандаҳои ҷиноятии хусусияти экстремистидошта таъмин менамояд; 
- оид ба экстремистӣ эътироф намудани ташкилотҳо ба суд аризаҳо пешниҳод менамояд;
- дар самти муқовимат ба экстремизм ҳамкории байналмилалии ҳуқуқиро амалӣ менамояд;
- якҷо бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи байналмилалӣ ва ё аз тарафи кишварҳои хориҷӣ экстремистӣ эътироф намудани ташкилотҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон экстремистӣ эътироф шудаанд, чораҳои зарурӣ меандешад.
4. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- назорати риояи оинномаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсиро амалӣ менамояд ва дар сурати ошкор гардидани аломатҳои экстремизм огоҳии хаттӣ медиҳад, инчунин тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боздоштан ё қатъ намудани фаъолияташон чораҳо меандешад;
- оид ба ошкор, огоҳонӣ ва қатъ намудани фаъолияти экстремистӣ дар системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ чораҳо меандешад.
5. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм дорои ваколатҳои зерин мебошанд:
- ба фаъолияти экстремистӣ, ки ба амнияти давлат хатар дорад, муқовимат мекунанд;
- иттилоотро оид ба самти муқовимат ба экстремизм ҷамъоварӣ намуда, ба мақомоти амнияти миллӣ пешниҳод менамоянд;
- бо мақсади огоҳонӣ ва пешгирӣ намудани амалҳои экстремистӣ миёни хизматчиёни ҳарбӣ корҳои тарбиявӣ ва тарғиботиву ташвиқотиро ба роҳ мемонанд.
6. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- ҷиҳати ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти экстремистӣ, инчунин таҳқиқ ва тафтиши ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта чораҳо меандешад;
- иттилоотро оид ба самти муқовимат ба экстремизм ҷамъоварӣ намуда, ба мақомоти амнияти миллӣ пешниҳод менамояд.
7. Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- ҷиҳати ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти экстремистӣ, инчунин таҳқиқ ва тафтиши ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта чораҳо меандешад;
- иттилоотро оид ба самти муқовимат ба экстремизм ҷамъоварӣ намуда, ба мақомоти амнияти миллӣ пешниҳод менамояд.
8. Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- фаъолияти иттиҳодияҳои динии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунандаро омӯхта, таҳлил менамояд;
- фаъолияти иттиҳодияҳои диние, ки бе бақайдгирӣ амал менамоянд, ошкор ва огоҳ мекунад, масъалаҳои вайронкунии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»-ро баррасӣ намуда, огоҳӣ медиҳад ва оид ба қатъ ва манъ намудани фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ки Қонуни мазкурро вайрон кардаанд, ба суд ариза пешниҳод менамояд;
- масъалаҳои гирифтани таълимоти динӣ дар дохил ва хориҷи кишварро бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм ба танзим медарорад;
- чорабиниҳои иттилоотию таблиғотӣ, аз ҷумла экспертизаи давлатии диншиносӣ мегузаронад.
9. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- масъалаи тарбияи ҷавонон, аз ҷумла тарбия дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, иштироки онҳо дар рушди фарҳанги миллӣ ва забони давлатиро баррасӣ менамояд;
- тарғибу ташвиқи идеологияи экстремизмро дар байни ҷавонон пешгирӣ мекунад;
- таъмини иштироки ҷавонон дар рушди ҷомеа ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ, инчунин ба ҳаёти ҷомеа фаъолона ҷалб намудани онҳоро таъмин менамояд.
10. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқовимат ба экстремизмро ба воситаи пешгирии аз сарҳади гумрукӣ гузарондани маводи экстремистӣ, силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, маводи тарканда, моддаҳои заҳрнок, инчунин адабиёт, варақа, маводи видео ва аудиоии мазмуни экстремистидошта амалӣ мегардонад. 
11. Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм дорои ваколатҳои зерин мебошад:   
- ҷиҳати таъмини амнияти иттилоотӣ тамоми шабакаҳои интернетӣ ва сомонаҳои иҷтимоиро таҳти назорат қарор медиҳад;
- дар сурати ошкор кардани маводи хусусияти экстремистидошта иттилооти мазкурро ба мақомоти амнияти миллӣ ва мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ вобаста ба салоҳияти онҳо пешниҳод менамояд:
- аз рӯи тамоми хизматрасониҳои алоқа тариқи шабакаи интернет, аз ҷумла сомонаҳои иҷтимоӣ мониторинг гузаронда, дар сурати зарурати пешгирӣ намудани фаъолияти экстремистӣ шабакаҳои зикршударо маҳдуд ё боз медорад;
- дар самти пешгирӣ намудани муқовимат ба экстремизм бо мақомоти дахлдори давлатӣ ҳамкорӣ менамояд;
- ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулода (амалиётҳои ҷангӣ, террористӣ, экстремистӣ ва офатҳои табиӣ), ки ба амнияти   давлат хатар доранд, барои истифодаи афзалиятнок, маҳдуд ва боз доштани тамоми хизматрасониҳои алоқаи барқӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва намудҳои дигари алоқа, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ҳуқуқ дорад;
- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии амаликунандаи фаъолияти хизматрасонии алоқа, аз ҷумла интернет-провайдерҳоро уҳдадор менамояд, ки нигоҳдории иттилооти хусусияти экстремистидоштаро дар муҳлати то 6 моҳ дар серверҳояшон таъмин намояд.
12. Бонки миллии Тоҷикистон татбиқи чорабиниҳо вобаста ба муқовимат ба маблағгузории экстремизмро ба роҳ мемонад.
13. Субъектҳое, ки дар доираи ваколатҳои худ ба экстремизм бевосита муқовимат мекунанд, дорои ваколатҳои зерин мебошанд:
- дар таҳия ва такмили лоиҳаҳои консепсия, стратегия, барномаҳои давлатӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти муқовимат ба экстремизм иштирок менамоянд;
- дар самти муқовимат ба экстремизм санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ қабул менамоянд;
- корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар роҳандозӣ менамоянд;
- ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавиро дар самти муқовимат ба экстремизм ба роҳ мемонанд;
- ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамоянд.
 
Моддаи 12. Субъектҳое, ки дар муқовимат ба экстремизм иштирок менамоянд
1. Субъектҳое, ки дар муқовимат ба экстремизм иштирок менамоянд, инҳо мебошанд:
- Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; 
- Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; 
- Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; 
- мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот.
2. Судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат ба экстремизм бо тартиби пешбининамудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ иштирок менамоянд.
 
Моддаи 13. Ваколатҳои субъектҳое, ки дар муқовимат ба экстремизм иштирок менамоянд
1. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот барномаҳои тарбиявӣ ва санадҳои меъёрии дар самти такмили маърифати ҳуқуқӣ қабулгардидаро бо мақсади расондани таъсир ба шуури наврасону ҷавонон ҷиҳати роҳ надодани ҷалби онҳо ба ташкилотҳои экстремистӣ ва риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
2. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- баҳисобгирии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷ ва бозгашт аз хориҷаро амалӣ менамояд;
 - дар якҷоягӣ бо намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа барои таъмини ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҷӯӣ  менамояд;
- дар байни муҳоҷирон дар дохил ва хориҷи кишвар корҳои иттилоотӣ ва фаҳмондадиҳиро барои пешгирӣ аз шомилшавии онҳо ба сафи созмонҳои экстремистӣ ба роҳ мемонад;
- фаъолияти ташкилотҳоро оид ба бакортаъминкунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар назорат мекунад;
- барои пешгирӣ ва бартарафсозии муҳоҷирати ғайриқонунӣ чорабиниҳоро татбиқ мекунад;
- масъалаҳои вобаста ба фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим ва назорат мекунад;
- дар ҳолати ошкор намудани вайронкунии қоидаҳои будубош аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо мавод таҳия карда, ба мақомоти дахлдори давлатӣ пешниҳод менамояд.  
3. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи ахбори омма бо мақсади роҳ надодани ташвиқу тарғиб ва дастгирии экстремизм ба риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват менамоянд, фазои таҳаммулгароӣ ва ҳамдигарфаҳмиро дар байни шаҳрвандон, новобаста аз мансубияти иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) фароҳам меоранд, инчунин дар доираи ваколатҳои худ дар самти мазкур чораҳои дигар меандешанд.
4. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм муносибатҳои ҳуқуқии байналмилалиро ба роҳ монда, дар якҷоягӣ бо субъектҳои ба экстремизм бевосита муқовиматкунанда ҷиҳати дар сатҳи байналмилалӣ ва ё аз тарафи давлатҳои хориҷӣ экстремистӣ эътироф намудани ташкилотҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон экстремистӣ эътироф шудаанд, чораҳои дахлдор меандешад.  
5. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ошкор, огоҳонӣ, пешгирӣ ва рафъ намудани фаъолияти экстремистӣ иштирок менамояд.
6. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни занон тарзи ҳаёти солимро ташвиқ менамояд,   омилҳои номатлуби экстремистиро миёни онҳо ва оила огоҳ ва пешгирӣ менамояд. 
7. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҷиҳати пешгирӣ намудани фаъолияти экстремистӣ дар ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ чораҳо меандешанд, вазъи муҳити диниро дар маҳал меомӯзанд ва таҳлил мекунанд, чорабиниҳо ва корҳои тарғиботиро дар ҳудуди ба онҳо дахлдор ташкил менамоянд.
 
Моддаи 14. Уҳдадориҳо оид ба муқовимат ба экстремизм
1. Мақомоти давлатӣ, ки тибқи Қонуни мазкур ба рӯйхати субъектҳои ба экстремизм бевосита муқовиматкунанда ва субъектҳое, ки дар муқовимат ба экстремизм иштирок менамоянд, ҳамроҳ карда  нашудаанд, новобаста аз тобеияти идоравӣ, дар доираи ваколатҳои худ уҳдадоранд чораҳои муқовимат ба экстремизм равонагардидаро андешанд.
2. Шахсони мансабдор ва шаҳрвандон уҳдадоранд ба мақомоти прокуратура, амнияти миллӣ, корҳои дохилӣ ё субъектҳои дигари муқовимат ба экстремизм оид ба тамоми воқеаҳое, ки дар бораи тайёрӣ ба амалиёти хусусияти экстремистидошта шаҳодат медиҳанд, фавран хабар расонанд. 
 
Моддаи 15. Кафолати давлатӣ нисбати шахсоне, ки дар муқовимат ба экстремизм кумак мерасонанд
Давлат ҳимоя ва амнияти шахсонеро, ки дар муқовимат ба экстремизм кумак мекунанд, кафолат медиҳад. Иттилоот дар бораи чунин шахсон махфӣ буда, ошкор намудани он боиси ҷавобгарии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад. 
 
БОБИ 3. ЧОРАҲО ДАР САМТИ МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМ
 
Моддаи 16. Чораҳо оид ба пешгирии фаъолияти экстремистӣ
1. Бо мақсади пешгирии фаъолияти экстремистӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст:
- ташкил, бақайдгирӣ ва фаъолияти ташкилотҳои экстремистӣ ё ташкилотҳое, ки ба экстремизм мусоидат мекунанд;
- фаъолияте, ки ба тарғиби экстремизм алоқаманд аст, аз ҷумла дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр, нигоҳ доштан, воридот, ҳамлу нақл, табъу нашр ва паҳн кардани маводи экстремистӣ;
- созмон додан ва фаъолияти ташкилотҳо, воҳидҳои сохтории (филиалҳо, намояндагиҳои) ташкилотҳои хориҷӣ ё байналмилалӣ, ки мақсад ва амалҳояшон ба фаъолияти экстремистӣ алоқаманд аст; 
- истифодаи номи ташкилоти тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон экстремистӣ эътирофшуда дар номгузории ташкилотҳои нав таъсисёбанда;  
 - ворид шудан, баромадан ё гузаштани транзитӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд, ки дар фаъолияти экстремистӣ иштирок кардаанд, инчунин ба онҳо додани ҳуҷҷат барои иқомат;
- додани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар фаъолияти экстремистӣ иштирок намудаанд;
- гузарондани маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо, пикетгузориҳо ё чорабиниҳои дигари оммавӣ бо вайрон кардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон; 
- истифодаи шабакаҳои коммуникатсионии истифодаи умум, шабакаи интернет ва сомонаҳои иҷтимоӣ барои интишори даъватҳои экстремистӣ;
- кирдорҳои дигари барқасдона, ки ба фаъолияти экстремистӣ шароит фароҳам меоваранд.
2. Пешгирии фаъолияти экстремистӣ метавонад чораҳои дигарро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофнамуда пешбинӣ кардаанд, дар бар гирад.
 
Моддаи 17. Манъ ва ё маҳдуд кардани дастрасӣ ба иттилооти хусусияти экстремистидошта
1. Ҳангоми дар шабакаи интернет ва шабакаҳои дигари телекоммуникатсионӣ ошкор намудани тарғиби экстремизм, аз ҷумла иттилооте, ки ба бетартибиҳои оммавӣ, иштирок дар чорабиниҳои оммавӣ, ки ба вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ меорад, ба амалигардонии фаъолияти дигари экстремистӣ даъват мекунад, дастрасӣ ба чунин иттилоот фавран қатъ ё маҳдуд карда мешавад.
2. Қатъ ё маҳдуд кардани дастрасӣ ба иттилоот барои пешгирии таблиғоти экстремизм дар шабакаи интернет ва шабакаҳои дигари телекоммуникатсионӣ аз ҷониби Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъмин карда мешавад.   
Моддаи 18. Асосҳо, тартиби эътирофи ташкилоти экстремистӣ ва оқибатҳои он 
1. Асос барои ташкилоти экстремистӣ эътироф намудани гурӯҳҳо, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ ва ё ташкилоти дигар мавҷуд будани аломатҳои экстремизм дар фаъолияти онҳо мебошад.
2. Гурӯҳҳо, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ ва ё ташкилотҳои дигар метавонанд танҳо бо санади суд, ки дар асоси аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст,  экстремистӣ эътироф карда шаванд.
3. Субъектҳои ба экстремизм бевосита муқовиматкунанда ва субъектҳое, ки дар муқовимат ба экстремизм иштирок менамоянд, уҳдадоранд маводи аз фаъолияти экстремистии ин ё он гурӯҳҳо, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ ё ташкилотҳои дигар шаҳодатдиҳандаро ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
4. Гурӯҳҳо, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ ё ташкилотҳои дигаре, ки нисбати онҳо санади эътибори қонунӣ пайдокардаи суд дар бораи экстремистӣ эътироф намудани онҳо ва барҳам додан ё манъ намудани фаъолияташон бинобар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ мавҷуд мебошад, ҳамчун ташкилоти экстремистӣ эътироф мегарданд ва иштирок дар фаъолияти онҳо манъ аст.
5. Санади эътибори қонунӣ пайдокарда дар бораи барҳам додан ё манъ намудани фаъолияти гурӯҳҳо, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ ё ташкилоти дигар бинобар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ ҷиҳати ворид намудан ба рӯйхати ташкилотҳои экстремистӣ аз тарафи судҳо ба мақомоти амнияти миллӣ ирсол карда мешавад ва мундариҷаи он дар матбуоти даврии расмӣ нашр карда, дар сомонаи расмии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода мешавад. 
6. Молу мулки ташкилоте, ки фаъолияташ бо тартиби дар Қонуни мазкур пешбинишуда барҳам дода шудааст, баъд аз қонеъ намудани талаботи қарздорон (дар сурати иштирок надоштани онҳо дар фаъолияти экстремистӣ) ба фоидаи давлат гузаронда мешавад. Санад дар бораи ба фоидаи давлат гузарондани молу мулки мазкур аз тарафи суд дар як вақт бо санад оид ба барҳам додан ё манъ намудани фаъолияти ташкилотҳои экстремистӣ қабул карда мешавад.  
7. Дар сурати манъ намудани фаъолияти ташкилотҳои хориҷӣ ё байналмилалӣ бинобар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи суд дар ин хусус барои хабардор кардани давлати дахлдори хориҷӣ ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристонда мешавад. 
 
Моддаи 19. Тартиби экстремистӣ эътироф намудани мавод
Мавод дар асоси хулосаи экспертиза, ки аз ҷониби муассисаи давлатии ваколатдоркардашуда дода шудааст, экстремистӣ эътироф мегардад. 
 
Моддаи 20. Додани огоҳии расмӣ, амр ва овардани пешниҳод дар бораи роҳ надодан ба амалӣ гаштани фаъолияти экстремистӣ
1. Ҳангоми мавҷуд будани иттилооти боэътимод дар бораи амалҳои зиддиҳуқуқии хусусиятҳои экстремистидошта, ки тайёр шуда истодаанд ё содир шудаанд, вале асоси кофӣ барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ва маъмурӣ кашидан мавҷуд нест, ба роҳбарони гурӯҳҳо, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияи ҷамъиятӣ ё динӣ, воситаи ахбори омма ё ташкилоти дигар, инчунин шахси воқеии дахлдор огоҳии расмӣ дар бораи роҳ надодан ба фаъолияти мазкур, амр дар бораи фавран бартараф намудани  ҳуқуқвайронкунӣ ё пешниҳод дар бораи бартараф сохтани сабабу шароитҳои мусоидаткунандаи вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
2. Пешниҳод аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё прокурори дахлдори ба ӯ тобеъ оварда мешавад. Огоҳии расмӣ аз ҷониби Вазорати адлия, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Дар ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, чунин пешниҳод ё огоҳии расмиро метавонанд субъектҳои дигари муқовимат ба экстремизм бароранд.
3. Дар ҳолате, ки аз болои ҳуҷҷатҳои мавриди эътиноии расмии дар қисми 1 моддаи мазкур номбаршуда бо тартиби бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида шикоят оварда нашудааст ё бо қарори суд ин санадҳо ғайриқонунӣ эътироф нагардидаанд, вале аз ҷониби гурӯҳҳо, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё ташкилотҳои дигар, ки ба онҳо ин санадҳо дода шудаанду дар муҳлатҳои муқарраргардида бе иҷро мондаанд, масъалаи нисбати онҳо татбиқ намудани ҷавобгарии дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида, аз ҷониби мақомоти дахлдор баррасӣ карда мешавад.  
 
Моддаи 21. Муқовимат ба маблағгузории экстремизм
1. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва динӣ, воситаҳои ахбори омма ё ташкилотҳои дигар ва сохторҳои минтақавӣ ва тобеи онҳо, аз ҷумла ташкилотҳои хориҷӣ ва байналмилалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятбаранда, ки ба маблағгузории экстремизм ва фаъолияти ба он монанд равона гардидаанд, боиси ҷавобгарии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад. 
2. Ташкилотҳои қарзӣ уҳдадоранд хизматрасониро ба шахсони ҳуқуқие, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти экстремистӣ эътироф гардидаанд, рад намоянд. 
3. Назорати иҷрои муқаррароти қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур ба зиммаи Бонки миллии Тоҷикистон ва субъектҳои дигари ба экстремизм бевосита муқовиматкунанда дар доираи ваколатҳои онҳо гузошта мешавад.
 
 
БОБИ 4. БАҲИСОБГИРИИ ТАШКИЛОТҲОИ ЭКСТРЕМИСТӢ ВА ШАХСОНЕ, КИ БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ ЭКСТРЕМИСТӢ БА ҶАВОБГАРӢ КАШИДА Ё МАҲКУМ ШУДААНД, ҶАВОБГАРӢ БАРОИ АМАЛҲО ДАР ФАЪОЛИЯТИ ЭКСТРЕМИСТӢ
 
Моддаи 22. Баҳисобгирии ташкилотҳои экстремистӣ ва шахсоне, ки барои фаъолияти экстремистӣ ба ҷавобгарӣ кашида ё маҳкум шудаанд
1. Баҳисобгирии ташкилотҳои экстремистӣ, инчунин назорати шахсони ба фаъолияти экстремистӣ алоқамандидошта аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
2. Баҳисобгирии шахсоне, ки барои ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта ба ҷавобгарӣ кашида ё маҳкум шудаанд ва (ё) барои ҳуқуқвайронкунии маъмурии хусусияти экстремистидошта ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд, аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.  
 
Моддаи 23. Роҳ надодан ба фаъолияти экстремистӣ ҳангоми гузарондани чорабиниҳои оммавӣ
1. Ҳангоми гузарондани маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо, пикетгузориҳо ё чорабиниҳои дигари оммавӣ ташкилкунандагони ин чорабиниҳо барои риоя кардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиби   гузарондани чунин чорабиниҳо, роҳ надодан ба фаъолияти экстремистӣ, ҳамчунин пешгирии саривақтии он масъул мебошанд.  
2. Ташкилкунандагони маҷлисҳо, гирдиҳамоӣ ва чорабиниҳои дигари оммавӣ ҳангоми бо сабаби хунукназарӣ роҳ додан ба ҳолатҳои фаъолияти экстремистӣ, ҳамчунин наандешидани чораҳо барои пешгирии саривақтии он ҷавобгаранд.
 
Моддаи 24. Чораҳои муқовимат ба фаъолияти ташкилоте, ки  экстремистӣ эътироф шудааст
Экстремистӣ эътироф гардидани ташкилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси оқибатҳои зерин мегардад: 
- бекор кардани бақайдгирии давлатӣ ва аккредитатсия;  
- манъ намудани пешбурди ҳама гуна фаъолият дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- манъ намудани чопи ҳама гуна мавод аз номи ташкилоти мазкур дар воситаи ахбори омма;
- манъ намудани гузарондани чорабиниҳои  оммавӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин иштирок дар чунин чорабиниҳо ба сифати намояндаи ташкилоти мазкур;
- манъ намудани созмон додани ташкилоти вориси ҳуқуқии ташкилоти мазкур новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ;
- манъ намудани будубоши шаҳрванди хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд ба сифати намояндаи ин ташкилот дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
Моддаи 25. Ҷавобгарии шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ
1. Шахсони мансабдор ё хизматчиёни давлатӣ барои баён намудани андешаҳо ба таври оммавӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ё бо зикри мансаби ишғолнамуда дар бораи зарурат, ҷоиз будан, имконпазирӣ ё хоҳиши амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ, ҳамчунин аз ҷониби шахсони мансабдор дар доираи ваколатҳояшон наандешидани тадбирҳо ҷиҳати бартараф намудани фаъолияти экстремистӣ тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
2. Мақомоти ваколатдори давлатӣ ва шахсони мансабдори болоӣ уҳдадоранд ҷиҳати ба ҷавобгарӣ кашидани шахсоне, ки ба амалҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда роҳ додаанд, фавран чораҳои зарурӣ андешанд.
 
Моддаи 26. Ҷавобгарии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ
1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, инчунин шахсони ҳуқуқӣ ва роҳбарони онҳо барои амалигардонии фаъолияти экстремистӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ, маъмурӣ ва гражданӣ-ҳуқуқии муқаррарнамудаи қонунгузориии Ҷумҳурии Тоҷикистон кашида мешаванд.
2. Барои шахсе, ки дар амалишавии фаъолияти экстремистӣ иштирок карда, барои ин кирдораш суд шудааст, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрасӣ ба хизмати давлатӣ, хизмати ҳарбӣ ва хизмат дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин кор дар муассисаҳои таълимӣ маҳдуд карда мешавад. 
3. Агар роҳбар ё узви мақоми роҳбарикунандаи шахси ҳуқуқӣ изҳороти оммавии даъвати амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ намояд, ҳамчунин дар ҳолатҳое, ки ҳукми суд нисбати чунин шахс барои ҷинояти хусусияти экстремистидошта эътибори қонунӣ пайдо карда бошад, шахси ҳуқуқӣ уҳдадор аст, ки дар муддати панҷ шабонарӯз аз санае, ки хабардор шудааст, дар бораи норозӣ буданаш ба изҳороти баёншуда ё кирдорҳои чунин шахсон изҳороти оммавӣ намояд.
4. Агар шахси ҳуқуқӣ чунин изҳороти оммавӣ пахш накунад, ин беамалӣ метавонад ҳамчун далели мавҷуд будани нишонаҳои  экстремизм дар фаъолияти он баҳо дода шуда, нисбаташ чораҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон андешида шаванд.
 
БОБИ 5. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР САМТИ МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМ
 
Моддаи 27. Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм
1. Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи шартномаҳои байналмилалӣ дар самти муқовимат ба экстремизм бо давлатҳои хориҷӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси онҳо, ҳамчунин ташкилотҳои байналмилалӣ, ки муқовимат ба экстремизмро амалӣ менамоянд, ҳамкорӣ менамояд. 
2. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди давлати худ шахсони аз ҷониби давлатҳои хориҷӣ дар экстремизм гумонбар ва айбдоршавандаро танҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи басташуда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардааш таъқиб менамояд.
 
БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
 
Моддаи 28. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 29. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2003 «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №12, мод. 697; с. 2007, №3, мод. 158;         с. 2014, №11, мод. 655) аз эътибор соқит дониста шавад.
 
Моддаи 30. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
 
        Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                            Эмомалӣ РАҲМОН
 
 
   ш. Душанбе,
2 январи соли 2020,
         № 1655 
 

МУОВИН

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Пшб, 10/09/2020 - 15:45
    МАҲМАДШОЗОДА ФАРҲОД АБДУРАҲМОН
 
Муовини директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
 
   Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 январи соли 2019, №1186, муовини Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд.
МАЪЛУМОТНОМА
Санаи таваллуд: 22 июли соли 1980.
Ҷои таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Маълумот: олӣ.
Миллат: тоҷик.
Соли 2002 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (рўзона) хатм кардааст.
Ихтисос: ҳуқуқшиноси байналхалқӣ
Дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ.
Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, англисӣ ,узбекӣ ва арабӣ бо луғат.
Вакили халқ ҳаст ё не: не
Мансубияти ҳизбӣ: аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: не.
Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби чор фарзанд.
Рутбаи ҳарбӣ: лейтенанти хурд.
Маводи нашршуда: китоби дарсӣ, монография, тафсирҳо, тадқиқотҳои муқоисавӣ-ҳуқуқӣ ва мақолаҳои илмӣ-оммавӣ.
ФАЪОЛИЯТИ КОРӢ
Соли 2002 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.
Соли 2007 курси такмили ихтисоси Маркази такмили ихтисос ва азнавомодасозии кадрҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Соли 2012 дар Шурои диссертатсионии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Таъминоти ҳуқуқии соҳибкории инфиродӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳимоя намудааст. Муаллифи як монография, мураттиби ду маҷмӯаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳаммуаллифи як китоби дарсӣ, даҳ тафсири қонунҳо, як таҳқиқоти муқоисавӣ-ҳуқуқӣ, се фарҳангҳои истилоҳоти ҳуқуқӣ ва зиёда аз 40 мақолаҳои илмӣ мебошад.  
Сентябр-октябри солҳои 2002-2009 - ассистенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Солҳои 2009-2019-сармутахассис, муовини сардор, сардори шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 январи соли 2019, №1186, муовини Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд.
 
 

Нишонаи номӣ (тег):

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 4.5 (4 овоз)

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ПАРДОХТӢ ВА НИЗОМИ ПАРДОХТӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 15/09/2020 - 11:49
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ЗАКОН
Рақам: 
1397
Мақомот: 
Маджлиси Оли РТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
24.02.2017
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
ДАР БОРАИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ПАРДОХТӢ ВА НИЗОМИ ПАРДОХТӢ
(Бо Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1723)
 
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқию ташкилии фаъолияти низоми пардохтӣ ва тартиби пешниҳод намудани хизматрасониҳои пардохтиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди низоми пардохтӣ равона карда шудааст.
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- аксепти пардохткунанда - розигии пардохткунанда барои аз суратҳисоби бонкии ӯ дар асоси шартнома бо талаби маблағгиранда интиқол додани маблағ;
- таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ - Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявие, ки барои интиқол додани маблағҳо хизмат мерасонанд (Бо Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1723);
- хизматрасониҳои пардохтӣ - қабул намудан ва додани маблағҳои нақд, ҳисоббаробаркунӣ ва интиқоли маблағҳо, аз ҷумла интиқоли маблағҳои электронӣ, барориш (эмиссия) ва (ё) хизматрасонии воситаҳои пардохтӣ ва хизматрасонӣ оид ба қабули пардохтҳо;
- воситаи пардохт - восита ва (ё) маҷмӯи расмиёте, ки байни муштарӣ ва таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ мувофиқа шудааст ва муштарӣ барои додани фармоиши пардохтӣ онҳоро истифода мебарад;
- интиқоли маблағ - амали таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ дар доираи шаклҳои истифодашавандаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ оид ба пешниҳоди маблағи пардохткунанда ба маблағгиранда;
- воситаи электронии пардохтӣ - восита ва (ё) усуле, ки ба муштарии таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ барои таҳия, тасдиқ ва додани фармоиши пардохтӣ бо мақсади интиқоли маблағ дар доираи шаклҳои истифодашавандаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ бо истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, ҳомили электронии иттилоот, аз ҷумла корти пардохтии бонкӣ ва дигар таҷҳизоти техникӣ имкон медиҳад;
- интиқоли фаромарзии маблағҳо - интиқоли маблағҳое, ки ҳангоми анҷом додани он пардохткунанда ё маблағгиранда берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва (ё) ҳангоми амалӣ намудани интиқоли маблағ ба пардохткунанда ё маблағгиранда бонки марказии (миллии) хориҷӣ ё бонки дигари хориҷӣ хизмат мерасонад;
- оператори низоми пардохтӣ - шахси ҳуқуқие, ки қоидаҳои низоми пардохтиро муайян карда, уҳдадориҳои дигарро тибқи Қонуни мазкур иҷро менамояд;
- оператори хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ - шахси ҳуқуқие, ки хизматрасониҳои амалиётӣ ва (ё) хизматрасониҳои клиринги пардохтиро пешниҳод мекунад, инчунин барои иҷрои вазифаҳои иттилоотӣ ва вазифаҳои дигари технологӣ дар низоми пардохтӣ ҳангоми интиқоли маблағ ваколатдор шудааст;
- фармоиши пардохтӣ - супорише, ки аз ҷониби пардохткунанда ё маблағгиранда дар доираи шаклҳои истифодашавандаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ барои интиқол додани маблағ ба таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ дода мешавад;
- хизматрасониҳои амалиётӣ - хизматрасониҳои оператори хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ, ки дастрасии хизматрасониҳо оид ба интиқоли маблағҳоро ба иштирокчиёни низоми пардохтӣ ва муштариёни онҳоро аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ, инчунин мубодилаи паёмҳои электронӣ таъмин менамояд;
- хизматрасонии клиринги пардохтӣ - хизматрасонии оператори хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ, ки дар доираи низоми пардохтӣ қабули фармоишҳои иштирокчиёни низоми пардохтӣ барои интиқоли маблағҳо, инчунин ҳисоби мутақобилаи талаботу уҳдадориҳои пулии иштирокчиёни низоми пардохтиро таъмин менамояд;
- контрагенти марказии клиринги пардохтӣ - Бонки миллии Тоҷикистон ва (ё) ташкилоти қарзии молиявие, ки тибқи Қонуни мазкур пардохткунанда аз рӯи талабот ва маблағгиранда аз рӯи уҳдадориҳои иштирокчиёни низоми пардохтӣ мебошанд (Бо Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1723);
- маркази ҳисоббаробаркунӣ - Бонки миллии Тоҷикистон ва (ё) ташкилоти қарзии молиявие, ки дар доираи низоми пардохтӣ фармоишҳои иштирокчиёни низоми пардохтиро бо роҳи хориҷ ва ворид намудани маблағҳо аз суратҳисобҳои бонкии онҳо иҷро карда, дар ин бора ба иштирокчиёни низоми пардохтӣ тасдиқнома ирсол менамояд(Бо Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1723);
- агенти бонкии пардохтӣ - шахси ҳуқуқӣ, ба истиснои ташкилоти қарзии молиявӣ ё соҳибкори инфиродӣ, ки аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявӣ барои анҷом додани амалиёти алоҳидаи бонкӣ мутобиқи Қонуни мазкур ҷалб карда мешавад (Бо Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1723);
- субагенти бонкии пардохтӣ - шахси ҳуқуқӣ, ба истиснои ташкилоти қарзии молиявӣ ё соҳибкори инфиродӣ, ки аз ҷониби агенти бонкии пардохтӣ барои анҷом додани амалиёти алоҳидаи бонкӣ мутобиқи Қонуни мазкур ҷалб карда мешавад (Бо Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1723);
- бебозхонд будани интиқоли маблағҳо - хусусияти интиқоли маблағҳо, ки имконнопазир будани бозхонди фармоиш ё қатъи имконияти бозхонди фармоишро оид ба интиқоли маблағҳо дар лаҳзаи муайяни вақт ифода мекунад;
- бечунучароии интиқоли маблағҳо - хусусияти интиқоли маблағҳо, ки мавҷуд набудани шартҳоро барои интиқоли маблағҳо ё иҷрои ҳамаи шартҳоро барои интиқоли маблағҳо дар лаҳзаи муайяни вақт ифода мекунад;
- анҷомёбии интиқоли маблағҳо - хусусияти интиқоли маблағҳо, ки пешниҳоди маблағҳоро ба маблағгиранда дар лаҳзаи муайяни вақт ифода мекунад;
- низоми пардохтӣ - маҷмӯи ташкилотҳое, ки аз оператори низоми пардохтӣ, оператори хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ, инчунин на кам аз 3 (се) иштирокчӣ - ташкилоти қарзии молиявӣ иборат буда, бо мақсади интиқоли маблағҳо мутобиқи қоидаҳои низоми пардохтӣ якҷоя амал менамоянд (Бо Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1723);
- субъектҳои низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистонмаҷмӯи таҳвилгарони хизматрасониҳои пардохтӣ, агентҳои (субагентҳои) бонкии пардохтӣ, операторони низомҳои пардохтӣ, операторони хизматрасонии инфрасохтори пардохтӣ ва ташкилоти алоқаи почта ҳангоми анҷом додани интиқоли маблағҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки пурра ё қисман дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд;
- низоми идоракунии хавфҳо дар низоми пардохтӣ - маҷмӯи чорабиниҳо ва усулҳои коҳиш додани пайдоиши эҳтимолии оқибатҳои ногувор дар фаъолияти мунтазами низоми пардохтӣ;
- қоидаҳои низоми пардохтӣ - ҳуҷҷате (ҳуҷҷатҳое), ки шартҳои иштирок дар низоми пардохтӣ, анҷом додани интиқоли маблағҳо, пешниҳоди хизматрасонии инфрасохтори пардохтӣ ва шартҳои дигари муайянкардаи оператори низоми пардохтиро тибқи Қонуни мазкур дар бар мегирад (мегиранд);
- иштирокчиёни низоми пардохтӣ - шахсони ҳуқуқие, ки бо мақсади пешниҳоди хизматрасонӣ оид ба интиқоли маблағҳо ба низоми пардохтӣ ҳамроҳ шудаанд ва тибқи қоидаҳои он амал мекунанд;
- маблағҳои электронӣ - маблағҳо бо пули миллӣ ё асъори хориҷӣ, ки қаблан аз ҷониби шахси воқеӣ ба таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ пешниҳод шудаанд ва аз ҷониби таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ иттилоот оид ба андозаи пулҳои бе кушодани суратҳисоби бонкӣ додашуда барои иҷрои уҳдадориҳои пулии шахси воқеӣ дар назди шахсони сеюм ба ҳисоб гирифта мешавад;
- терминал - таҷҳизоти барномавию техникии электронӣ, ки барои хондани маълумот аз воситаи электронии пардохтӣ, таҳия, интиқол ва қабул намудани маълумот дар бораи амалиёт бо воситаи электронии пардохтӣ ба (аз) низоми пардохтии дахлдор имконият медиҳад;
- терминали худкори худхизматрасон - таҷҳизоти барномавию техникии электронӣ, ки барои қабули маблағҳои нақд ва анҷом додани пардохтҳо ба ташкилотҳои коммуналӣ, операторони алоқаи мобилӣ, интернет ва дигар пардохтҳо, бо дарназардошти қисми 16 моддаи 13 Қонуни мазкур, инчунин барои анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ бо истифодаи кортҳои пардохтии бонкӣ ва дигар воситаҳои электронии пардохтӣ пешбинӣ шудааст;
- банкомат - таҷҳизоти барномавию техникии электронӣ, ки барои қабул ва додани маблағҳои нақд ва пешниҳоди хизматрасониҳои дигари ташкилоти қарзии молиявӣ бо истифодаи воситаи электронии пардохтӣ пешбинӣ шудааст (Бо Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1723).
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
 
БОБИ 2. ТАРТИБИ ПЕШНИҲОДИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ПАРДОХТӢ ВА ИСТИФОДАИ ВОСИТАҲОИ ЭЛЕКТРОНИИ ПАРДОХТӢ
 
Моддаи 3. Тартиби пешниҳоди хизматрасониҳои пардохтӣ
1. Таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ дар асоси шартномаҳои бо муштариён ва дигар таҳвилгарони хизматрасониҳои пардохтӣ басташуда дар доираи шаклҳои ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдии истифодашаванда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонии пардохтиро пешниҳод менамояд.
2. Агентҳои бонкии пардохтӣ ва субагентҳои бонкии пардохтӣ дар асоси шартномаҳои бо таҳвилгарони хизматрасониҳои пардохтӣ ва агентҳои бонкии пардохтӣ басташуда, тибқи талаботи моддаи 13 Қонуни мазкур дар пешниҳоди хизматрасониҳои пардохтӣ иштирок менамоянд.
3. Ташкилотҳои алоқаи почта хизматрасонӣ оид ба интиқоли маблағро мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи алоқаи почта" пешниҳод менамоянд.
 
Моддаи 4. Тартиби интиқоли маблағҳо
1. Таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ маблағҳоро дар асоси фармоиши пардохтии муштарӣ (пардохткунанда ё маблағгиранда), ки дар доираи шаклҳои истифодашавандаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тартиб дода шудааст (минбаъд - фармоиши пардохтӣ), интиқол медиҳад.
2. Интиқоли маблағҳо аз ҳисоби маблағҳои пардохткунанда, ки дар суратҳисоби бонкии ӯ мавҷуданд ё бе кушодани суратҳисоби бонкӣ пешниҳод шудаанд, амалӣ мегардад.
3. Интиқоли маблағҳо дар доираи шаклҳои истифодашавандаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тавассути ворид намудани маблағ ба суратҳисоби бонкии маблағгиранда, додани маблағи нақд ба маблағгиранда ё баҳисобгирии маблағ ба фоидаи маблағгиранда бе кушодани суратҳисоб, ҳангоми интиқоли маблағҳои электронӣ амалӣ мегардад.
4. Интиқоли маблағҳо, ба истиснои интиқоли маблағҳои электронӣ, дар муддати на зиёда аз се рӯзи корӣ, аз рӯзи хориҷ гардидани маблағ аз суратҳисоби бонкии пардохткунанда ё аз рӯзи пешниҳод намудани маблағи нақд аз ҷониби пардохткунанда бо мақсади интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисоб амалӣ мегардад.
5. Бебозхонд будани интиқоли маблағ, ба истиснои интиқоли маблағҳои электронӣ, аз лаҳзаи хориҷ гардидани маблағ аз суратҳисоби бонкии пардохткунанда ё аз лаҳзаи аз ҷониби пардохткунанда пешниҳод гардидани пули нақд барои интиқоли маблағ бе кушодани суратҳисоб фаро мерасад, агар дар қонунгузории соҳаи бонкӣ тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
6. Аз лаҳзаи аз ҷониби пардохткунанда ва (ё) маблағгиранда ё шахсони дигар иҷро гардидани шартҳои амалигардонии интиқоли маблағ, аз ҷумла амалигардонии интиқоли маблағи мутақобил бо асъори дигар, таҳвили мутақобили коғазҳои қиматнок, пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ё ҳангоми мавҷуд набудани шартҳои нишондода, интиқоли маблағ бечунучаро ҳисобида мешавад.
7. Агар ба пардохткунанда ва маблағгиранда як таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ хизмат расонад, аз лаҳзаи ба суратҳисоби бонкии маблағгиранда ворид гардидани маблағ ё ба маблағгиранда додани имконияти гирифтани пули нақд, интиқоли маблағ, ба истиснои интиқоли маблағҳои электронӣ, анҷомёфта ҳисобида мешавад.
8. Агар ба пардохткунанда ва маблағгиранда таҳвилгарони гуногуни хизматрасониҳои пардохтӣ хизмат расонанд, интиқоли маблағ аз лаҳзаи ворид гардидани маблағ ба суратҳисоби бонкии таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтие, ки ба маблағгиранда хизмат мерасонад, бо назардошти талаботи моддаи 21 Қонуни мазкур анҷомёфта ҳисобида мешавад.
9. Аз лаҳзаи анҷом ёфтани интиқоли маблағ уҳдадории таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтие, ки ба пардохткунанда хизмат мерасонад, дар назди пардохткунанда қатъ мегардад.
10. Таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ уҳдадор аст, ки пеш аз интиқол додани маблағ муштариёнро дар шакли ба онҳо дастрас бо шартҳои анҷом додани интиқоли маблағ дар доираи шаклҳои истифодашавандаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ шинос намояд, аз ҷумла:
- бо андозаи ҳаққи хизмат ва тартиби ситонидани он, агар дар шартнома пешбинӣ шуда бошад;
- бо тарзи муайян намудани қурби мубодила ҳангоми анҷом додани интиқоли маблағ бо асъори хориҷӣ (дар ҳолати фарқ кардани асъори маблағе, ки пардохткунанда пешниҳод намудааст ва асъори маблағи интиқолшаванда);
- бо тартиби пешниҳоди иддао, аз ҷумла бо иттилооте, ки барои тамос бо таҳвилгари хизматрасониҳои пардохт зарур мебошад.
11. Муштарӣ уҳдадор мебошад, ки барои тамос гирифтан бо ӯ ба таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ иттилооти аниқро пешниҳод кунад ва ҳангоми тағйир ёфтани чунин иттилоот сари вақт иттилооти навшударо ба таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ манзур намояд. Уҳдадории таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ оид ба фиристодани огоҳиномаи пешбининамудаи Қонуни мазкур ба муштарӣ ҳангоми фиристодани огоҳинома мувофиқи иттилооти дар ихтиёрдоштааш барои тамос бо муштарӣ иҷрошуда ҳисобида мешавад.
12. Таҳвилгарони хизматрасониҳои пардохтии интиқолдиҳандаи маблағ бояд маълумоти зеринро дошта бошанд (Бо Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1723):
- насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ ё номи шахси ҳуқуқӣ, ё соҳибкори инфиродии интиқолдиҳандаи маблағ ва шахси рақами суратҳисоби бонкии шахси интиқолдиҳандаи маблағ ва шахси маблағгиранда, инчунин дар сурати мавҷуд набудани рақами суратҳисоби бонкӣ, нишон додани рақами ягонаи истиноди ҳамроҳикунандаи интиқоли маблағ, ки ба пайгирии амалиёт имкон медиҳад;
- маълумоти дар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шахси воқеӣ дарҷгардида ё рақами мушаххаскунанда (рақами мушаххаси андозсупоранда, рақами ягонаи мушаххас) барои шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ - интиқолдиҳанда, инчунин маълумоти дигар, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда бошад.
13. Дар сурати мавҷуд набудани маълумоти пешбиникардаи қисми 12 моддаи мазкур, таҳвилгарони хизматрасониҳои пардохтии интиқолдиҳандаи маблағ бояд амалӣ намудани интиқоли маблағҳоро рад намоянд.
14. Дар ҳолати интиқоли маблағ, субъекти низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар интиқоли маблағ иштирок менамояд, бояд маълумоти ҳамроҳикунандаи интиқолро, ки дар қисми 12 моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, таъмин намояд. Ҳангоми гурӯҳбандии ду ва зиёда интиқоли маблағҳо, субъектҳои низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон - интиқолдиҳандагон метавонанд дар ҳар як интиқоли алоҳида маълумоти ҳамроҳикунандаи интиқоли маблағро танҳо дар бораи шахси интиқолдиҳанда нишон диҳанд, агар дар интиқоли гурӯҳбандишуда ҳамаи маълумоти дар қисми 12 моддаи мазкур пешбинишуда дарҷ шуда бошанд.
15. Таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ, ки барои интиқоли маблағ ҷалб шудааст, бояд ирсоли маълумоти дар қисми 12 моддаи мазкур пешбинишударо дар якҷоягӣ бо интиқоли маблағ таъмин намояд. Агар ирсоли маълумоти ҳамроҳикунандаи интиқоли маблағ аз тарафи таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ бо сабабҳои техники имконнопазир бошад, он гоҳ таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ бояд ин маълумотҳоро то муҳлате, ки Қонуни мазкур муқаррар кардааст, нигоҳ дорад.
16. Таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ, ки барои интиқоли маблағ ҷалб шудааст, бояд хавфи ба сиёсат нигаронидашуда ва тартибро барои ошкор намудан ва андешидани чораҳои зарурӣ, аз ҷумла рад кардан ё боздоштани амалиёти интиқоли маблағе, ки маълумоти дар қисми 12 моддаи мазкур пешбинишударо дар бар намегирад, муқаррар намояд. Ҳангоми интиқоли маблағе, ки маълумоти ҳамроҳикунандаи интиқоли маблағро дар бар намегирад, таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ бояд масъалаи қатъ намудани муносибатҳои муросилотиро бо ташкилоти қарзии молиявии барои интиқоли маблағ ҷалбшуда баррасӣ намояд.
17. Таҳвилгарони хизматрасониҳои пардохтӣ бояд шахсияти муштарии маблағгирандаро санҷиш ва мушаххас намоянд ва ин маълумотро дар муҳлате, ки Қонуни мазкур муқаррар кардааст, нигоҳ доранд.
18. Уҳдадориҳои дар қисмҳои 12, 13, 14, 15, 16 ва 17 моддаи мазкур пешбинишуда дар ҳолатҳои зерин татбиқ намегарданд:
- нисбат ба интиқол ва ҳисоббаробаркуниҳое, ки байни таҳвилгарони хизматрасониҳои пардохтӣ аз номи худ амалӣ мегарданд;
- нисбат ба амалиётҳое, ки ба воситаи кортҳои кредитӣ, дебетӣ, пешпардохт, инчунин ҳамёнҳои электронӣ амалӣ мегарданд, агар дар ҳамаи ҳуҷҷатҳое, ки барои анҷом додан ва ба расмият даровардани (ба ҳисоб гирифтани) амалиёт асос мебошанд, оид ба рақами воситаҳои пардохт иттилоъ дард шуда бошад. Истиснои муқаррарнамудаи банди мазкур ба амалиётҳои нақдгардонии маблағ, пардохта мол ва хизматрасониҳо, инчунин дигар пардохтҳо, ки тавассути терминалҳо, банкоматҳо ва таҷҳизоти дигари электронии пардохтӣ андом дода мешаванд, дахл дошта, ба ҳолатҳое, ки воситаҳои электронии пардохтӣ барои амалӣ намудани интиқоли маблағ тавассути низомҳои пардохтӣ истифода мешаванд, татбиқ намегардад.
19. Субъектҳои низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадоранд, ки иттилоотро доир ба амалиётҳои интиқоли маблағ дар муддати на кам аз 5 (панд) сол пас аз гузаронидани амалиёт ва андом ёфтани муносибатҳои корӣ нигоҳ доранд (Бо Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1723).
 
Моддаи 5. Фармоиши пардохтӣ, тартиби барои иҷро қабул намудан ва иҷро кардани он
1. Фармоиши пардохтӣ иттилоотеро дар бар мегирад, ки мувофиқи шаклҳои истифодашавандаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ барои интиқол додани маблағ имконият диҳад (минбаъд - мушаххасоти интиқол). Номгӯи мушаххасоти (реквизитҳои) интиқолро Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар менамояд. Бо шартномае, ки байни таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ ва муштарӣ ё байни таҳвилгарони хизматрасониҳои пардохтӣ баста шудааст, мумкин аст мушаххасоти иловагии интиқол муқаррар карда шавад.
2. Фармоиши пардохтӣ метавонад дар шакли электронӣ интиқол гардад, барои иҷро қабул карда шавад, иҷро гардад ва нигоҳ дошта шавад.
3. Таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ барои иҷрои фармоиши пардохтии муштарӣ ҳуқуқ дорад аз номи худ фармоиш тартиб диҳад.
4. Ҳангоми барои иҷро қабул намудани фармоиши пардохтӣ, таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ уҳдадор аст ба ҳуқуқ доштани муштарӣ ба ихтиёрдории маблағ боварӣ ҳосил намояд, мушаххасоти интиқол ва кифоягии маблағро барои иҷрои фармоиши пардохтӣ санҷад, инчунин расмиёти дигари барои иҷро қабул намудани фармоиши пардохтиро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, иҷро намояд.
5. Агар ҳуқуқи муштарӣ барои ихтиёрдории маблағ тасдиқ нагардад, ё маблағ дар суратҳисоби бонкӣ нокифоя бошад, инчунин агар мушаххасоти интиқол ба талаботи муқарраршуда ҷавобгӯ набошад, таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ фармоиши пардохтиро барои иҷро қабул накарда, ба муштарӣ дар муддати на дертар аз рӯзи ояндаи қабули фармоиши пардохтӣ дар ин бора огоҳинома ирсол менамояд.
6. Ҳангоми нокифоя будани маблағ таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ фармоиши пардохтиро оид ба интиқоли маблағ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ, аз ҷумла интиқоли маблағҳои электронӣ, барои иҷро қабул намекунад ва ба муштарӣ дар ин бора бетаъхир огоҳинома ирсол менамояд.
7. Қабули фармоиши пардохтӣ барои иҷро аз ҷониби таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартнома тасдиқ мегардад.
8. Фармоиши пардохтиро муштарӣ метавонад пеш аз фаро расидани лаҳзаи бебозхондии интиқоли маблағ бо тартиби пешбининамудаи шартнома бозхонд намояд.
9. Фармоиши пардохтӣ аз ҷониби таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ дар доираи шаклҳои истифодашавандаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар ҳаҷми маблағи дар фармоиши пардохтӣ зикршуда иҷро мегардад. Ҳаққи хизмати таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ (ҳангоми ситонидани он), ба истиснои ҳолатҳои анҷом додани интиқоли фаромарзии маблағҳо, наметавонад аз маблағи интиқолшаванда гирифта шавад.
10. Иҷро шудани фармоиши пардохтиро таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартнома тасдиқ менамояд.
 
Моддаи 6. Хусусиятҳои анҷом додани интиқоли маблағ бо талаби маблағгиранда
1. Ҳангоми интиқоли маблағ бо талаби маблағгиранда (дебети бевосита) таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ дар асоси шартнома бо пардохткунанда маблағҳоро аз суратҳисоби бонкии пардохткунанда дар асоси розигии ӯ бо фармоиши маблағгиранда (минбаъд - талабномаи маблағгиранда) хориҷ менамояд.
2. Ҳуқуқи маблағгиранда оид ба пешниҳоди талабот ба суратҳисоби бонкии пардохткунанда дар шартномаи байни пардохткунанда ва таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ, ки ба ӯ хизмат мерасонад, пешбинӣ карда мешавад.
3. Аксепти пардохткунанда метавонад то ворид гардидани талабномаи маблағгиранда (аксепти қаблан додашуда) ё баъд аз ворид гардидани чунин талабнома ба таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ, ки ба пардохткунанда хизмат мерасонад, дода шавад. Аксепти пардохткунанда метавонад дар шартномаи байни таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ, ки ба пардохткунанда хизмат мерасонад ва пардохткунанда ё дар шакли ҳуҷҷати алоҳида (мактуб, паёми электронӣ ва ғайра) дода шавад.
4. Дар ҳолати набудани аксепти қаблан додашудаи пардохткунанда таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ талабномаи воридгаштаи маблағгирандаро на дертар аз рӯзи ояндаи ворид гаштани талабномаи маблағгиранда барои аксепт ба пардохткунанда равон мекунад. Аксепти пардохткунанда дар муддати панҷ рӯзи корӣ дода мешавад, агар дар шартномаи байни таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ ва пардохткунанда муҳлати нисбатан кӯтоҳ пешбинӣ нашуда бошад.
5. Аксепти пардохткунанда метавонад ба як қисми маблағи дар талабномаи маблағгиранда зикршуда (аксепти қисман додашудаи пардохткунанда) дода шавад, агар дар шартномаи байни таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ ва пардохткунанда тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад. Дар ҳолати қисман дода шудани аксепти пардохткунанда, таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ уҳдадор аст ҳангоми тасдиқи иҷрои талабномаи маблағгиранда дар ин бора ишора намояд.
6. Ҳангоми аз ҷониби пардохткунанда надодани аксепт ё дар муҳлати муқарраршуда нагирифтани аксепт, талабномаи маблағгиранда бо нишон додани сабаби он ба ӯ баргардонида мешавад.
7. Ҳангоми ворид гардидани талабномаи маблағгиранда бо аксепти қаблан додашудаи пардохткунанда, таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ, ки ба пардохткунанда хизмат мерасонад, уҳдадор аст мувофиқати талабномаи маблағгирандаро ба шартҳои аксепти қаблан додашудаи пардохткунанда санҷад.
8. Дар сурати мувофиқат кардани талабномаи маблағгиранда ба шартҳои аксепти қаблан додашудаи пардохткунанда талабномаи маблағгиранда дар ҳаҷми маблағ ва муҳлате, ки дар шартҳои аксепти қаблан додашуда пешбинӣ шудааст, иҷро мегардад.
9. Дар сурати мувофиқат накардани талабномаи маблағгиранда ба шартҳои аксепти қаблан додашудаи пардохткунанда ё набудани имконияти санҷиши чунин шартҳо, таҳвилгари хизматрасонии пардохтӣ, ки ба пардохткунанда хизмат мерасонад, талабномаи маблағгирандаро бе иҷро бармегардонад, агар дар шартнома уҳдадорӣ дар бораи аз пардохткунанда дархост кардани аксепти ӯ пешбинӣ нашуда бошад.
10. Таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ уҳдадор аст оид ба иҷрои талабномаи маблағгиранда на дертар аз рӯзи ояндаи иҷро гардидани талабнома ба пардохткунанда хабарнома равон кунад.
 
Моддаи 7. Тартиби истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ
1. Истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ дар асоси шартномаи истифодаи воситаҳои электронии пардохтии байни таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ ва муштарӣ, инчунин шартномаҳои байни таҳвилгарони хизматрасониҳои пардохтӣ басташуда амалӣ мегардад.
2. Таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ ҳуқуқ дорад бастани шартномаро бо муштарӣ оид ба истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ рад намояд.
3. Таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ уҳдадор аст:
- муштариро дар бораи шартҳои истифодаи воситаи электронии пардохтӣ, аз ҷумла доир ба маҳдудияти усулҳо ва ҷойҳои истифодабарӣ, ҳолатҳои хавфи барзиёд ҳангоми истифодаи воситаи электронии пардохтӣ пеш аз бастани шартномаи истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ хабардор намояд;
- муштариро оид ба ҳар амалиёти гузаронидаи ӯ, ки бо истифодаи воситаи электронии пардохтӣ сурат мегирад, бо роҳи фиристодани огоҳиномаи дахлдор бо тартиби муқарраркардаи шартномаи бо муштарӣ басташуда хабардор намояд;
- имконияти аз ҷониби муштарӣ ба ӯ фиристодани огоҳинома дар хусуси гум кардани воситаи электронии пардохтӣ ва (ё) бе иҷозати муштарӣ истифода шудани воситаи электронии пардохтиро таъмин намояд;
- огоҳиномаҳои ба муштарӣ фиристода ва аз муштарӣ гирифтаро ба қайд гирифта, иттилооти дахлдорро на кам аз 5 (панҷ) сол пас аз андом ёфтани муносибатҳои корӣ нигоҳ дорад (Бо Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1723);
- ҳуҷҷатҳо ва иттилоотеро, ки ба истифода шудани воситаи электронии пардохтии муштарӣ дахл доранд, бо тартиби муқарраркардаи шартнома ба ӯ пешниҳод намояд;
- аризаи муштарӣ, аз ҷумла баҳсҳои бамиёномадаро, ки ба истифодаи воситаи электронии пардохтии муштарӣ алоқаманданд, баррасӣ намояд, инчунин ба муштарӣ барои гирифтани маълумот оид ба натиҷаи баррасии ариза, аз ҷумла дар шакли хаттӣ, бо талаби муштарӣ дар муҳлати муқарраркардаи шартнома, аммо на зиёда аз 30 (сӣ) рӯз аз рӯзи гирифтани чунин ариза ва ҳангоми истифодаи воситаи электронии пардохтӣ барои интиқоли фаромарзии маблағ на дертар аз 60 (шаст) рӯз аз рӯзи қабули чунин ариза имконият фароҳам орад.
4. Таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ метавонад истифодаи воситаи электронии пардохтиро ҳангоми аз ҷониби муштарӣ риоя накардани тартиби истифодаи воситаи электронии пардохтӣ, ки дар шартнома муқаррар шудааст ё дар асоси огоҳиномаи аз муштарӣ гирифташуда боздошт ё қатъ намояд.
5. Боздошт ё қатъ намудани истифодаи воситаи электронии пардохтӣ аз ҷониби муштарӣ иҷрои уҳдадориҳои муштарӣ ва таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтиро, ки то лаҳзаи боздошт ё қатъ гардидани истифодаи воситаи электронии пардохтии мазкур ба вуҷуд омадаанд, қатъ намегардонад.
6. Ҳангоми гум кардани воситаи электронии пардохтӣ ва (ё) истифодаи он бе иҷозати муштарӣ, муштарӣ уҳдадор аст фавран огоҳиномаи дахлдорро ба таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ бо тартиби дар шартнома пешбинигардида, аммо на дертар аз рӯзи ояндаи гирифтани огоҳинома аз таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ оид ба амалиёти анҷомдода ирсол намояд.
7. Пас аз гирифтани огоҳиномаи муштарӣ тибқи қисми 6 моддаи мазкур таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ уҳдадор аст маблағи амалиёти бе иҷозати муштари гузаронидашударо баъди гирифтани огоҳиномаи зикргардида ба муштарӣ ҷуброн намояд.
8. Агар таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ уҳдадориҳои худро дар бораи огоҳ кардани муштарӣ оид ба амалиёти гузарондашуда тибқи сархати дуюми қисми 3 моддаи мазкур иҷро накунад, таҳвилгари хизматрасонии пардохтӣ уҳдадор аст маблағи амалиётеро, ки муштарӣ оид ба иҷрои он огоҳ карда нашуда буд ва бе иҷозати муштарӣ гузаронида шуда буд, ҷуброн намояд.
9. Агар таҳвилгари хизматрасонии пардохтӣ муштариро оид ба амалиёти гузаронидашуда тибқи сархати дуюми қисми 3 моддаи мазкур хабардор кунад, вале муштарӣ ба таҳвилгари хизматрасонии пардохтӣ тибқи қисми 6 моддаи мазкур огоҳинома ирсол накарда бошад, он гоҳ таҳвилгари хизматрасонии пардохтӣ уҳдадор намебошад, ки маблағи амалиёти бе иҷозати муштарӣ иҷрошударо ҷуброн намояд.
10. Агар таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ муштарӣ - шахси воқеиро оид ба амалиёти гузарондашуда тибқи сархати дуюми қисми 3 моддаи мазкур хабардор кунад ва муштарӣ - шахси воқеӣ ба таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ тибқи қисми 6 моддаи мазкур огоҳинома ирсол карда бошад, он гоҳ таҳвилгари хизматрасонии пардохтӣ уҳдадор аст, ки маблағи амалиёти бе иҷозати муштарӣ гузаронидаро то лаҳзаи фиристодани огоҳинома аз ҷониби муштарӣ - шахси воқеӣ ҷуброн намояд. Дар ин маврид таҳвилгари хизматрасонии пардохтӣ уҳдадор аст маблағи амалиёти бе иҷозати муштарӣ гузарондашударо ҷуброн намояд, агар исбот карда натавонад, ки муштарӣ тартиби истифодаи воситаи электронии пардохтиро барои гузаронидани амалиёт бе иҷозати муштарӣ - шахси воқеӣ риоя накардааст.
11. Муқаррароти қисми 10 моддаи мазкур доир ба уҳдадории таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ барои ҷуброн намудани амалиёте, ки бе розигии муштарӣ то лаҳзаи аз ҷониби муштарӣ - шахси воқеӣ ирсол шудани огоҳинома иҷро гардидааст, дар сурати анҷом додани амалиёти интиқоли маблағҳои электронӣ аз ҷониби муштарие, ки дар лаҳзаи иҷрок амалиёт тибқи талаботи қонунгузорӣ мушаххас нашудааст, татбиқ намегардад.
12. Субъектҳои низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадоранд хавфҳои мавҷудбуда ва эҳтимолии қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли омро вобаста ба хизматрасониҳои интиқоли маблағ, намудҳои нави хизматрасониҳои молиявӣ ё татбиқи усулҳои нави ин хизматрасониҳо, инчунин истифодаи технологияҳои нав ё рушдёбанда ошкор намоянд, баҳо диҳанд ва чораҳои заруриро барои назорат ва кам кардани онҳо амалӣ намоянд. Чораҳои’ мазкурро субъектҳои низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадоранд мувофиқан то татбиқи намудҳои нави хизматрасониҳои молиявӣ, усулҳои нави ин хизматрасониҳо ё истифодаи технологияҳои нав ё рушдёбанда амалӣ намоянд (Бо Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1723).
БОБИ 3. МАБЛАҒҲОИ ЭЛЕКТРОНӢ ВА ХУСУСИЯТҲОИ ИНТИҚОЛИ ОНҲО
 
Моддаи 8. Талабот нисбат ба таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ ҳангоми интиқоли маблағҳои электронӣ
1. Танҳо таҳвилгари хизматрасонии пардохтӣ, ки ташкилоти қарзии молиявӣ мебошад, ҳуқуқи анҷом додани амалиёти интиқоли маблағҳои электрониро дорад (Бо Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1723).
2. Таҳвилгари хизматрасониҳои пардохти пеш аз оғози фаъолият оид ба интиқоли маблағҳои электронӣ Бонки миллии Тоҷикистонро ба таври хаттӣ огоҳ менамояд.
3. Таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ уҳдадор аст қоидаҳои интиқоли маблағҳои электрониро муқаррар карда, мунтазамии интиқоли маблағҳои электрониро тибқи талаботи пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон таъмин намояд.
4. Таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ ҳуқуқ дорад бо ташкилотҳои дигар шартнома бандад, ки аз рӯи шартҳои он ташкилотҳои мазкур метавонанд ба таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ ҳангоми интиқоли маблағҳои электронӣ хизматрасонии амалиётӣ ва (ё) клиринги пардохтиро пешниҳод намоянд.
5. Таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ пеш аз бастани шартнома бо муштарӣ - шахси воқеӣ уҳдадор аст ба ӯ маълумоти зеринро пешниҳод намояд:
- оид ба ном ва маҳалли ҷойгиршавии таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ, инчунин рақами иҷозатномаи ӯ барои анҷом додани амалиёти бонкӣ;
- оид ба шартҳои истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ;
- оид ба тарз ва маҳалли амалӣ намудани интиқоли маблағҳои электронӣ;
- оид ба тарз ва маҳалли додани пул ба таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ аз ҷониби муштарӣ - шахси воқеӣ;
- оид ба андоза ва тартиби аз ҷониби шахси воқеӣ пардохтани ҳаққи хизмат ба таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ, агар гирифтани ҳаққи хизмат пешбинӣ шуда бошад;
- оид ба тарзҳои пешниҳоди иддао ва тартиби баррасии он, аз ҷумла маълумот барои тамос бо таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ.
6. Таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ уҳдадор аст оид ба амалиёт бо маблағҳои электронӣ ва аҳду амалиёти шубҳанок бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом" ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли оммаълумот пешниҳод намояд (Бо Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1723).
 
Моддаи 9. Интиқоли маблағҳои электронӣ
1. Барои амалӣ намудани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар шакли интиқоли маблағҳои электронӣ муштарӣ маблағҳоро ба таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ тибқи шартномаи басташуда (аз ҷумла дар намуди офертаи оммавӣ) пешниҳод менамояд.
2. Муштарӣ - шахси воқеӣ метавонад маблағҳоро бо истифодаи суратҳисоби бонкии худ ё бе истифодаи он ба таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ пешниҳод намояд.
3. Муштарӣ - шахси воқеӣ ҳуқуқ дорад маблағҳои электронии шахсии худро истифода барад ва оид ба ихтиёрдории маблағҳои электронии худ танҳо бо истифодаи воситаҳои электронии алоқа (коммуникатсия) фармоишҳо диҳад.
4. Маблағҳое, ки шахси воқеӣ ба таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ пешниҳод кардааст, бо роҳи ташаккулдиҳии сабти электронӣ, ки дар он андозаи уҳдадориҳои таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ дар назди шахси воқеӣ баробар ба маблағи супурдаи шахси воқеӣ (минбаъд - бақияи маблағҳои электронӣ) бо назардошти асъор инъикос ёфтааст, ба ҳисоб гирифта мешаванд.
5. Маблағҳои электронӣ аз ҷониби таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ бе кушодани сураҳисоби бонкӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд. Баҳисобгирии маблағҳои ба таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ супурдаи муштариён дар суратҳисобҳои маҷмӯии баҳисобгирии маблағҳои электронӣ, вобаста ба намуди асъор, амалӣ мегардад.
6. Таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ ҳуқуқ надорад барои зиёд намудани бақияи маблағҳои электронии муштарӣ ба ӯ маблағ пешниҳод намояд.
7. Таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ ҳуқуқи ҳисоб намудани фоиз ё пардохти ҳаққи хизматро ба бақияи маблағҳои электронӣ надорад.
8. Маблағҳои электронӣ дар асоси фармоиши пардохткунанда ба фоидаи маблағгиранда интиқол мегарданд. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи шартномаи байни пардохткунанда ва таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ, байни пардохткунанда ва маблағгиранда, интиқоли маблағҳои электронӣ метавонад бо талаби маблағгиранда тибқи моддаи 6 Қонуни мазкур анҷом дода шавад.
9. Маблағҳои электронӣ метавонад байни пардохткунанда ва маблағгиранда, ки муштарии як ё чанд таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ мебошанд, интиқол дода шаванд.
10. Ҳангоми интиқоли маблағҳои электронӣ шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ метавонанд танҳо маблағгиранда бошанд. Ба маблағҳои электронии ба суратҳисобҳои шахсони ҳуқуқӣ гузарондашаванда ҳангоми зарурат рӯйхат замима мегардад, ки дар он маблағи гузаронидаи ҳар як пардохткунанда нишон дода мешавад (Бо Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1723).
11. Интиқоли маблағҳои электронӣ бо роҳи аз ҷониби таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ дар як вақт қабул намудани фармоиши муштарӣ, кам намудани бақияи маблағҳои электронии пардохткунанда ва зиёд намудани бақияи маблағҳои электронии маблағгиранда дар ҳаҷми интиқоли маблағҳои электронӣ амалӣ мегардад.
12. Интиқоли маблағҳои электронӣ пас аз қабули фармоиши муштарӣ аз ҷониби таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ фавран амалӣ мегардад.
13. Таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ пас аз иҷрои фармоиши муштарӣ дар бораи интиқоли маблағҳои электронӣ ба муштарӣ оид ба иҷро шудани фармоиш фавран тасдиқнома ирсол менамояд.
14. Интиқоли маблағҳои электронӣ баъди аз ҷониби таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ иҷро гардидани талаботи дар қисми 11 моддаи мазкур пешбинишуда бебозхонд ва анҷомёфта ҳисобида мешавад.
15. Уҳдадории пулии пардохткунанда дар назди маблағгиранда баъд аз анҷомёбии интиқоли маблағҳои электронӣ қатъ мегардад.
16. Таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ мунтазам иттилоот оид ба бақияи маблағҳои электронӣ ва маблағҳои электронии интиқолдодаро баҳисоб мегирад.
17. Ғайр аз интиқоли маблағҳои электронӣ, бақия ё қисми бақияи маблағҳои электронии муштарӣ - шахси воқеӣ бо фармошни ӯ метавонад ба суратҳисоби бонкӣ гузаронида шавад, бе кушодани суратҳисоби бонкӣ интиқол дода шавад ё ба таври нақдӣ пешниҳод карда шавад.
18. Бақия ё қисми бақияи маблағҳои электронии муштарӣ - шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ бо фармоиши муштарӣ метавонад танҳо ба суратҳисобҳои бонкии ӯ гузаронида шавад.
19. Муштарӣ - шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ уҳдадор аст барои интиқоли бақия ё қисми бақияи маблағҳои электронӣ дар таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ суратҳисоби бонкӣ кушояд ё дар бораи суратҳисоби бонкии ин шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ, ки дар дигар ташкилоти қарзии молиявӣ кушода шудааст ва ба он бақия ё қисми бақияи маблағҳои электронӣ метавонад интиқол дода шавад, ба таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ маълумот пешниҳод намояд (Бо Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1723).
20. Нисбат ба интиқоли маблағҳои электронӣ бо асъори хориҷӣ талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими асъор ва назорати асъор татбиқ мегардад.
21. Агар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом шахсияти муштарӣшахси воқеӣ мушаххас нашуда бошад, таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ интиқоли маблағҳоро бо фармоиши чунин муштарӣ барои пардохти молу хизматрасониҳо бо шарте анҷом медиҳад, ки бақияи маблағҳои электронии муштарӣ аз 20 нишондиҳанда барои ҳисоб зиёд набошад, аммо ҳаҷми умумии маблағҳои электронии интиқолшаванда бо истифодаи як воситаи электронии пардохтӣ дар давоми як моҳи тақвимӣ аз 50 нишондиҳанда барои ҳисоб зиёд набошад. Чунин муштарӣ - шахси воқеӣ ҳуқуқи интиқоли маблағҳои электрониро ба дигар шахси воқеӣ ё ҳуқуқи гирифтани маблағҳои электрониро аз дигар шахси воқеӣ надорад (Бо Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1723).
22. Дар ҳолати аз ҷониби таҳвилгарони хизматрасониҳои пардохтӣ ошкор кардани алоқамандӣ байни амалиётҳое, ки маблағи онҳо аз ҳадди дар қисми 21 моддаи мазкур муқарраршуда барои амалиётҳои якдафъаина зиёд нест ё дар ҳолати гумонбар шудан ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ уҳдадор аст, ки муштариёни ба ин амалиётҳо ҷалбшударо тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом" мушаххас намояд (Бо Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1723).
 
Моддаи 10. Талабот нисбат ба фаъолияти таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ ҳангоми зиёд намудани бақияи маблағҳои электронии шахсони воқеӣ - муштариёни оператори алоқа
1. Таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ метавонад бо оператори алоқа, ки ҳуқуқи мустақилона пешниҳод намудани хизматрасонии вобаста ба алоқаи мутаҳаррикӣ радиотелефониро (алоқаи сайёри мобилӣ) (минбаъд - оператори алоқа) дорад, бо мақсади зиёд намудани бақияи маблағҳои электронии шахси воқеӣ - муштарии чунин оператори алоқа оид ба ҳамкории иттилоотию технологӣ шартнома бандад. Бақияи маблағҳои электронии муштарӣ аз ҳисоби маблағҳои ӯ, ки ҳамчун пешпардохти хизматрасониҳои алоқа мебошанд, зиёд карда мешавад. Муносибатҳои таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ бо муштарии оператори алоқа дар асоси шартномаи пешбининамудаи қисми 1 моддаи 9 Қонуни мазкур ба роҳ монда мешавад.
2. Оператори алоқа ҳуқуқ надорад ба шахси воқеӣ - муштарӣ бо мақсади аз ҷониби таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ зиёд намудани бақияи маблағҳои электронии муштарӣ маблағи пулӣ пешниҳод намояд.
3. Бақияи маблағҳои электронии шахси воқеӣ - муштарии оператори алоқа дар асоси фармоиши ӯ, ки оператори алоқа онро ба таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ ирсол менамояд, тибқи шартномаи байни шахси воқеӣ - муштарӣ ва оператори алоқа зиёд карда мешавад.
4. Оператори алоқа уҳдадор аст маблағҳои пулии шахси воқеӣмуштариро, ки ҳамчун пешпардохт барои хизматрасониҳои алоқа ворид намудааст, пас аз гирифтани тасдиқномаи таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ оид ба зиёд намудани бақияи маблағҳои электронии шахси воқеӣ - муштарӣ фавран кам намояд. Аз лаҳзаи зиёдшавии бақияи маблағҳои электронӣ таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ ба андозаи маблағе, ки бақияи маблағҳои электронӣ зиёд гардид, дар назди шахси воқеӣ уҳдадор мегардад.
5. Ағар оператори алоқа ва (ё) таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ аз шахси воқеӣ - муштарӣ барои зиёд намудани бақияи маблағҳои электронӣ ҳаққи хизмат гирад, он гоҳ оператори алоқа то супурдани фармоиши муштарӣ ба таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ ба шахси воқеӣ - муштарӣ барои даст кашидан аз супурдани фармоиш имконият диҳад ва маълумоти зеринро пешниҳод намояд:
- оид ба воситаи электронии пардохти шахси воқеӣ;
- оид ба ҳаҷми зиёд намудани бақияи маблағҳои электронӣ;
- оид ба ҳаҷми ҳаққи хизмате, ки шахси воқеӣ - муштарӣ пардохт мекунад, агар он гирифта шавад;
- оид ба сана ва вақти пешниҳоди иттилоот.
6. Оператори алоқа уҳдадор аст пас аз гирифтани иттилооти дахлдор аз таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ фавран ба шахси воқеӣ - муштарӣ ба воситаи алоқаи радиотелефонии сайёр оид ба зиёд гардидани бақияи маблағҳои электронӣ тасдиқнома равон кунад. Дар тасдиқнома маълумоти пешбининамудаи қисми 5 моддаи мазкур дарҷ мегардад.
7. Оператори алоқа уҳдадор аст ҳисоббаробаркуниҳоро бо таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ дар ҳаҷми бақияи зиёдшудаи маблағҳои электронӣ на дертар аз рӯзи кории пас аз рӯзи зиёдшавии бақияи маблағҳои электронӣ амалӣ намояд. Дар сурати аз ҷониби оператори алоқа иҷро нагардидани уҳдадории мазкур таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ зиёд кардани бақияи маблағҳои электрониро то иҷрои чунин уҳдадорӣ аз ҷониби оператори алоқа бозмедорад.
 
Моддаи 11. Пешниҳоди ҳисобот ба Бонки миллии Тоҷикистон
Таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ, ки ба интиқоли маблағҳои электронӣ машғул аст, ба Бонки миллии Тоҷикистон оид ба маблағҳои электронии интиқолгардида дар шакли муайяннамудаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.
 
БОБИ 4. СУБЪЕКТҲОИ НИЗОМИ ПАРДОХТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ТАЛАБОТ БА ФАЪОЛИЯТИ ОНҲО
 
Моддаи 12. Таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ ва талабот ба фаъолияти он
1. Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтиро тибқи Қонуни мазкур, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
2. Ташкилотҳои қарзӣ фаъолияти таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтиро тибқи Қонуни мазкур, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ" ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ менамоянд.
 
Моддаи 13. Талабот нисбат ба фаъолияти таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ ҳангоми ҷалби агенти (субагенти) бонкии пардохтӣ
1. Таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ, ки ташкилоти қарзии молиявӣ мебошад, ҳуқуқ дорад агенти бонкии пардохтиро дар асоси шартнома барои анҷом додани фаъолияти зерин ҷалб намояд (Бо Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1723):
- қабул намудани маблағи нақд аз шахси воқеӣ ва (ё) додани маблағи нақд ба шахси воқеӣ, аз ҷумла бо истифодаи терминалҳо, терминалҳои худкори худхизматрасон;
- пешниҳоди воситаҳои электронии пардохтӣ ба муштариён ва таъмини истифодаи ин воситаҳо мувофиқи шартҳои муқаррарнамудаи таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ;
- мушаххас намудани шахсияти муштарӣ - шахси воқеӣ бо мақсади интиқол додани маблағ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ ё пешниҳоди воситаи электронии пардохтӣ ба шахси воқеӣ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом" (Бо Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1723).
2. Агенти бонкии пардохтӣ, ки шахси ҳуқуқӣ мебошад, дар ҳолатҳои пешбининамудаи шартномаи бо таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ басташуда ҳуқуқ дорад субагенти бонкии пардохтиро дар асоси шартнома барои анҷом додани фаъолияти (як қисми фаъолияти) дар сархатҳои якум ва дуюми қисми 1 моддаи мазкур зикршуда ҷалб намояд.
3. Аз ҷониби таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ ҷалб гардидани агенти бонкии пардохтӣ метавонад ҳамзамон бо риоя гардидани талаботи зерин анҷом дода шавад:
- анҷом додани фаъолияти (як қисми фаъолияти) дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда (минбаъд - амалиёти агенти бонкии пардохтӣ) аз номи таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ;
- мушаххас намудани шахсияти муштарӣ - шахси воқеӣ, намояндаи ӯ ва (ё) манфиатгир аз ҷониби агенти бонкии пардохтӣ бо мақсади интиқол додани маблағҳо бе кушодани суратҳисоби бонкӣ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом" (Бо Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1723);
- аз ҷониби агенти бонкии пардохтӣ истифода.шудани суратҳисоби (суратҳисобҳои) махсуси бонкӣ барои пурра ворид намудани маблағҳои нақди аз шахсони воқеӣ гирифташуда мутобиқи қисмҳои 5 ва 6 моддаи мазкур;
- аз ҷониби агенти бонкии пардохтӣ тасдиқ намудани гирифтани (додани) маблағи нақд бо додани чиптаи (расиди) хазина, ки ҷавобгӯи талаботи қисми 7 моддаи мазкур мебошад;
- аз ҷониби агенти бонкии пардохтӣ ба шахсони воқеӣ пешниҳод гардидани иттилооте, ки қисми 10 моддаи мазкур пешбинӣ намудааст;
- истифодаи терминалҳои худкори худхизматрасон аз ҷониби агенти бонкии пардохтӣ тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳо бо маблағи нақд.
4. Ҷалби субагенти бонкии пардохтӣ аз ҷониби агенти бонкии пардохтӣ метавонад ҳамзамон бо риоя гардидани талаботи зерин амалӣ гардад:
- талаботе, ки дар қисми 3 моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд;
- гузаронидани амалиёти субагенти бонкии пардохтӣ, ки муайян намудани шахсияти шахси воқеиро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом" талаб намекунад (Бо Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1723);
- ба субагенти бонкии пардохтӣ манъ намудани ҷалби шахсони дигар барои анҷом додани амалиёти субагенти бонкии пардохтӣ.
5. Агенти (субагенти) бонкии пардохтӣ амалиёти зеринро ба воситаи суратҳисоби махсуси худ метавонад анҷом диҳад:
- ворид намудани маблағҳои нақдӣ аз шахсони воқеӣ қабулгардида;
- ворид намудани маблағҳо аз дигар суратҳисоби махсуси бонкии агенти (субагенти) бонкии пардохтӣ;
- хориҷ кардан ва ба суратҳисобҳои бонкӣ ворид намудани маблағҳо.
6. Гузаронидани амалиёти дигар бо суратҳисоби махсуси бонкии агенти (субагенти) бонкии пардохтӣ манъ мебошад.
7. Таҷҳизоти назоратию хазинавӣ дар дохили терминали худкори худхизматрасон, ки ба агентҳои (субагентҳои) бонкии пардохтӣ тааллуқ дорад, додани чиптаи (расиди) хазинаро бо мушаххасоти ҳатмии зерин таъмин менамояд:
- номгӯи ҳуҷҷат - чиптаи (расиди) хазина;
- маблағи умумии қабулшуда ё додашуда;
- номгӯи амалиёт;
- сана ва вақти гузаронидани амалиёт;
- маблағи ҳаққи хизмате, ки шахси воқеӣ пардохт мекунад, дар мавриди гирифтани он;
- рақами чиптаи (расиди) хазина ва таҷҳизоти назоратию хазинавӣ;
- суроғаи маҳалли анҷом додани амалиёт;
- номгӯи таҳвилгарони хизматрасониҳои пардохтӣ ва агенти (субагенти) бонкии пардохтӣ, инчунин рақами мушаххаси андозсупорандаи онҳо;
- рақами телефонҳои таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ ва агенти (субагенти) бонкии пардохтӣ ва дигар мушаххасоте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст.
8. Ҳамаи мушаххасоти (реквизитҳои) дар чиптаи (расиди) хазина зикршуда дақиқ ва дар муддати на камтар аз шаш моҳ имконияти хонда шудан дошта бошанд.
9. Дар сурати гирифтани розигии шахси воқеӣ, чиптаи (расиди) хазина метавонад дар намуди электронӣ бо истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ба шахси воқеӣ пешниҳод гардад.
10. Дар ҳар як ҷойи гузаронидани амалиёт аз ҷониби агенти (субагенти) бонкии пардохтӣ то оғоз намудани ҳар як амалиёт ба шахсони воқеӣ иттилооти зерин пешниҳод карда мешавад:
- суроғаи маҳалли анҷом додани амалиётҳои агенти (субагенти) бонкии пардохтӣ;
- номгӯй ва маҳалли ҷойгиршавии таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ ва агенти (субагенти) бонкии пардохтӣ, инчунин рақами мушаххаси андозсупорандаи онҳо;
- рақами иҷозатномаи таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ барои анҷом додани амалиёти бонкӣ;
- мушаххасоти шартномаи байни таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ ва агенти бонкии пардохтӣ, инчунин ҳангоми ҷалби субагенти бонкии пардохтӣ мушаххасоти шартномаи байни он ва агенти бонкии пардохтӣ;
- маблағи ҳаққи хизмате, ки шахси воқеӣ пардохт мекунад;
- тарзи пешниҳоди иддао ва тартиби баррасии он;
- рақами телефонҳои таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ ва агенти (субагенти) бонкии пардохтӣ.
11. Дар сурати аз ҷониби агенти (субагенти) бонкии пардохтӣ истифода гардидани терминали худкори худхизматрасон, иттилооти тибқи қисми 10 моддаи мазкур пешбинигардида ба шахсони воқеӣ дар реҷаи автоматӣ пешниҳод карда мешавад.
12. Таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ пешбурди рӯйхати агентҳои (субагентҳои) бонкии пардохтиро таъмин менамояд, ки дар он суроғаи ҳамаи ҷойҳои гузаронидани амалиёти агентҳои (субагентҳои) бонкии пардохтӣ зикр мегардад ва бо дархости шахсони воқеӣ бо он шинос шудан мумкин аст. Таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ уҳдадор аст дар асоси дархости мақомоти андоз бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати агентҳои (субагентҳои) бонкии пардохтиро ба онҳо пешниҳод намояд. Агенти бонкии пардохтӣ уҳдадор аст ба таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ оид ба субагентҳои бонкии пардохтии ҷалбгардида, ки ба рӯйхати мазкур ворид карда мешаванд, бо тартиби пешбининамудаи шартнома бо таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ иттилоотро педшиҳод намояд.
13. Таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ бояд аз ҷониби агенти бонкии пардохтӣ риоя шудани шартҳои ҷалб кардани ӯро, ки моддаи мазкур ва шартномаи байни таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ ва агенти бонкии пардохтӣ муқаррар кардааст, иназорат намуда, агенти бонкии пардохтиро ба барномаҳои худ оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дохил намояд. Тартиби амалисозии назорати риояи шартҳои ҷалби агенти бонкии пардохтӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ва шартномаи байни таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ ва агенти бонкии пардохтӣ муқаррар карда мешавад (Бо Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1723).
14. Агенти бонкии пардохтӣ бояд риоя шудани шартҳои ҷалби субагенти бонкии пардохтиро, ки моддаи мазкур ва шартномаи байни агенти бонкии пардохтӣ ва субагенти бонкии пардохтӣ муқаррар кардааст, инчунин иҷрои талаботи моддаи мазкурро назорат намояд. Тартиби амалисозии чунин назоратро шартномаи байни таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ ва агенти бонкии пардохтӣ, инчунин шартномаи байни агенти бонкии пардохтӣ ва субагенти бонкии пардохтӣ муқаррар менамояд.
15. Агенти (субагенти) бонкии пардохтӣ бевосита бастани шартномаро бо таҳвилгарони хизматрасониҳои коммуналӣ, алоқа, қувваи барқ ва хизматрасонии дигар ҳуқуқ надорад ва наметавонад бидуни таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ қабули пардохтҳоро ба роҳ монад.
16. Тартиби қабули маблағҳои андоз, боҷҳо, пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет ва маблағҳои дигари буҷети давлатиро, ки тавассути терминалҳо ва терминалҳои худкори худхизматрасон амалӣ мегардад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
 
Моддаи 14. Оператори низоми пардохтӣ ва талабот нисбат ба фаъолияти он
1. Низоми пардохтӣ аз тарафи оператори низоми пардохтӣ идора карда мешавад.
2. Оператори низоми пардохтӣ метавонад Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилоти қарзии молиявӣ ё шахси ҳуқуқие бошад, ки ташкилоти қарзии молиявӣ намебошад(Бо Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1723).
3. Оператори низоми пардохтие, ки Бонки миллии Тоҷикистон ё ташкилоти қарзии молиявӣ мебошад, метавонад фаъолияти худро бо фаъолияти таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ, оператори хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ, маркази ҳисоббаробаркунӣ ва дигар фаъолият якҷоя намояд, агар он ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат накунад (Бо Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1723).
4. Оператори низоми пардохтие, ки ташкилоти қарзии молиявӣ намебошад, метавонад фаъолияти худро бо фаъолияти оператори хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ ва фаъолияти дигар якҷоя намояд, агар он ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат накунад (Бо Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1723).
5. Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти оператори низоми пардохтиро дар асоси Қонуни мазкур тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ва шартномаҳои басташаванда амалӣ менамояд.
6. Оператори низоми пардохтӣ уҳдадор аст:
- қоидаҳои низоми пардохтиро муайян намуда, назорати риоя шудани онҳоро аз ҷониби иштирокчиёни низоми пардохтӣ ва операторони хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ ташкил ва амалӣ намояд:
- операторони хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтиро ҷалб намояд, ба истиснои ҳолате, ки оператори низоми пардохтӣ дар як вақт вазифаи оператори хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтиро низ иҷро кунад, назорати хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтиро, ки ба иштирокчиёни низоми пардохт расонида мешавад таъмин намояд, инчунин пешбурди номгӯи операторони хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтиро ба роҳ монад;
- низоми идоракунии хавфҳоро дар низоми пардохтӣ тибқи моддаи 24 Қонуни мазкур ташкил намуда, хавфҳои низоми пардохтиро арзёбӣ ва идора намояд;
- ба иштирокчиёни низоми пардохтӣ ва операторони хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ имконияти баррасии баҳсҳоро бо тартиби то судӣ ва (ё) дар суди ҳакамӣ тибқи қоидаҳои низоми пардохтӣ фароҳам орад.
7. Оператори низоми пардохтие, ки ташкилоти қарзии молиявӣ намебошад, уҳдадор аст ташкилоти қарзии молиявиро ба ҳайси маркази ҳисоббаробаркунӣ ҷалб намояд (Бо Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1723).
8. Барои низомҳое, ки ба ҳайси низомҳои ниҳоят муҳим муайян гардидаанд, танҳо Бонки миллии Тоҷикистон метавонад маркази ҳисоббаробаркунӣ бошад.
9. Барои гирифтани иҷозатномаи оператори низоми пардохтӣ ташкилоти қарзии молиявӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон дархостро бо замимаи ҳуҷҷатҳои зерин ирсол менамояд (Бо Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1723):
- қарори мақоми идоракунии ташкилоти қарзии молиявӣ дар бораи ташкили низоми пардохтӣ (Бо Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1723);
- нақшаи фаъолият оид ба рушди низоми пардохтӣ барои ду соли тақвимии наздик;
- қоидаҳои низоми пардохтӣ, ки ба талаботи ҳамин Қонун ҷавобгӯ мебошанд;
- номгӯи операторони хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ, ки барои хизматрасонӣ дар низоми пардохтӣ ҷалб карда мешаванд.
10. Шахси ҳуқуқие, ки ташкилоти қарзии молиявӣ намебошад, барои гирифтани иҷозатномаи оператори низоми пардохтӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон дархостро бо замимаи ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод менамояд (Бо Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1723):
- ҳуҷҷатҳои таъсисӣ;
- қарори мақоми ваколатдори чунин шахси ҳуқуқӣ дар бораи ташкили низоми пардохтӣ;
- нақшаи фаъолият оид ба рушди низоми пардохтӣ барои ду соли тақвимии наздик;
- қоидаҳои низоми пардохтӣ, ки ба талаботи ҳамин Қонун ҷавобгӯ мебошанд;
- номгӯи операторони хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ, ки барои хизматрасонӣ дар низоми пардохтӣ ҷалб карда мешаванд;
- розигии хаттии ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла дар шакли шартномаи басташуда, дар бораи фаъолият кардани он ба ҳайси маркази ҳисоббаробаркунии низоми пардохтӣ (Бо Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1723);
- ҳуҷҷатҳое, ки дар онҳо оид ба андозаи сармояи оинномавии ташкилот маълумот оварда шудааст;
- ҳисоботи молиявие, ки дар рӯзи охирини ҳисоботӣ пеш аз пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои гирифтани иҷозатнома ба Бонки миллии Тоҷикистон таҳия гардидааст. Ин ҳисобот аз ҷониби роҳбари мақоми идоракунии ташкилот ва сармуҳосиби он имзо карда мешавад;
- ҳуҷҷатҳое, ки риоя шудани талаботи пешбининамудаи сархатҳои дуюм ва сеюми қисми 12 моддаи мазкурро тасдиқ мекунанд.
11. Тартиби гирифтани иҷозатномаи оператори низоми пардохтӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
12. Барои гирифтани иҷозатномаи оператори низоми пардохтӣ шахси ҳуқуқие, ки ташкилоти қарзии молиявӣ намебошад, бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошад (Бо Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1723):
- дорои сармояи оинномавии ҳадди ақалли на кам аз 2500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо бошад;
- роҳбари мақоми иҷроияи чунин ташкилот бояд дорои таҳсилоти олӣ (иқтисодӣ, риёзӣ, ҳуқуқӣ ё таҳсилоти олӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия) ва на кам аз ду сол таҷрибаи корӣ ба ҳайси роҳбари шӯъба ё дигар воҳидҳои сохтории ташкилоти қарзии молиявӣ ё оператори низоми пардохтиро дошта бошад (Бо Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1723);
- роҳбари мақоми иҷроия ва сармуҳосиби чунин ташкилот бояд доғи судӣ барои содир кардани ҷиноятҳои хусусияти иқтисодӣ ё коррупсионӣ надошта бошанд.
13. Дар муҳлати на зиёда аз 30 (сӣ) рӯзи тақвимӣ аз рӯзи қабули ариза аз шахси ҳуқуқие, ки хоҳиши оператори низоми пардохтӣ шуданро дорад, Бонки миллии Тоҷикистон қарор дар бораи додани иҷозатномаи оператори низоми пардохтӣ ё раддияи додани иҷозатномаро қабул менамояд.
14. Ҳангоми қабул гардидани қарор дар бораи додани иҷозатномаи оператори низоми пардохтӣ Бонки миллии Тоҷикистон ба шахси ҳуқуқӣ рақами бақайдгирӣ дода, дар ин бора ба Феҳристи операторони низоми пардохтӣ, ки дастраси умум мебошад, иттилооти дахлдор ворид менамояд ва дар муддати панҷ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарори мазкур барои анҷом додани фаъолияти оператори низоми пардохтӣ ба шахси ҳуқуқӣ иҷозатнома, медиҳад. Пешбурди Феҳристи операторони низоми пардохтӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. Рӯйхати операторони низоми пардохтие, ки иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро гирифтаанд, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҳар сол моҳи январ дар воситаҳои ахбори омма нашр карда мешаванд.
15. Шахси ҳуқуқӣ аз рӯзи гирифтани иҷозатнома оператори низоми пардохтӣ мегардад.
16. Оператори низоми пардохтӣ ҳангоми пешниҳоди иттилоот оид ба низоми пардохтӣ уҳдадор аст мавҷудияти иҷозатномаи оператори низоми пардохтии худро нишон диҳад.
17. Низоми пардохтӣ дар номгӯи худ калимаҳои "низоми пардохтӣ"-ро, ки дар қоидаҳои низоми пардохтӣ дарҷ гардидаанд, дорад. Ягон шахси ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғайр аз операторони низоми пардохтӣ, наметавонад дар номгӯи худ калимаҳои "низоми пардохтӣ" ё ибораҳои аз онҳо бавуҷудомадаро дар ҳар шакле набошад, истифода барад. Операторони хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ, иштирокчиёни низоми пардохтӣ тибқи қоидаҳои низоми пардохтӣ ҳуқуқ доранд мансубияти худро ба низоми пардохтӣ нишон диҳанд. Бонки миллии Тоҷикистон калимаҳои "низоми пардохтӣ"-ро вобаста ба низоми пардохтии Бонки миллии Тоҷикистон истифода менамояд.
18. Оператори низоми пардохтӣ, ки ташкилоти қарзии молиявӣ намебошад, уҳдадор аст талаботи пешбиникардаи қисми 12 моддаи мазкурро дар муддати амалӣ намудани фаъолияти оператори низоми пардохтӣ риоя намояд (Бо Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1723).
19. Бонки миллии Тоҷикистон додани иҷозатнома дар бораи фаъолияти оператори низоми пардохтиро дар ҳолатҳои зерин рад менамояд:
- пешниҳод нагаштани ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи қисмҳои 9 ва 10 моддаи мазкур;
- номувофиқатии қоидаҳои низоми пардохтӣ ба талаботи Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон;
- муқаррар намудани номувофиқатии шахси ҳуқуқие, ки ташкилоти қарзии молиявӣ намебошад, ба талаботи қисми 12 моддаи мазкур (Бо Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1723).
20. Дар ҳолати рад намудани додани иҷозатнома дар бораи фаъолияти оператори низоми пардохтӣ Бонки миллии Тоҷикистон ба таври хаттӣ бо нишон додани сабабҳои радкунӣ дар муҳлати панҷ рӯзи корӣ аз санаи қабули чунин қарор аризадиҳандаро огоҳ менамояд.
21. Дар ҳолати тағйир ёфтани маълумот оид ба оператори низоми пардохтӣ, ки дар вақти гирифтани иҷозатнома нишон дода шудааст, оператори низоми пардохтӣ уҳдадор аст дар муддати панҷ рӯзи корӣ пас аз рӯзи фарорасии чунин тағйирот Бонки миллии Тоҷикистонро огоҳ намояд. Дар асоси огоҳиномаи гирифташуда аз оператори низоми пардохтӣ Бонки миллии Тоҷикистон ба Феҳристи операторони низоми пардохтӣ тағйироти дахлдор ворид менамояд.
22. Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи бозхонди иҷозатнома бо асосҳои зерин қарор қабул менамояд:
- дар асоси аризаи оператори низоми пардохтӣ;
- дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 30 Қонуни мазкур;
- ҳангоми аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар рафти назорати низомҳои пардохтӣ муайян шудани далели номутобиқатӣ ба маълумоте, ки дар асоси он ба оператори низоми пардохтӣ иҷозатнома дода шуда буд;
- ҳангоми аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бозхонд гардидани иҷозатнома барои анҷом додани амалиёти бонкӣ аз ташкилоти қарзии молиявие, ки оператори низоми пардохтӣ мебошад (Бо Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1723);
- ҳангоми барҳамхӯрии оператори низоми пардохтӣ, ки ташкилоти қарзии молиявӣ намебошад, ҳамчун шахси ҳуқуқӣ дар рӯзи дигар, ки ба Бонки миллии Тоҷикистон оид ба барҳамхӯрии оператори низоми пардохтии мазкур маълум шудааст (Бо Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1723).
23. Ба бозхонди иҷозатнома дар бораи фаъолияти оператори низоми пардохтӣ бо асосҳои дигар, ба истиснои асосҳои пешбининамудаи қисми 22 моддаи мазкур роҳ дода намешавад. Шахси ҳуқуқӣ уҳдадор аст иҷозатномаи худро ба Бонки миллии Тоҷикистон на дертар аз рӯзи кории оянда пас аз рӯзи гирифтани огоҳинома дар бораи бозхонди иҷозатнома баргардонад.
24. Ҳангоми бозхонди иҷозатнома дар бораи фаъолияти оператори низоми пардохтӣ Бонки миллии Тоҷикистон ба Феҳристи операторони низомҳои пардохтӣ сабти дахлдор ворид менамояд.
25. Аз рӯзи оянда пас аз рӯзи аз ҷониби оператори низоми пардохтӣ, ки ташкилоти қарзии молиявӣ намебошад, гирифтани огоҳинома оид ба бозхонди иҷозатнома ва хориҷ гардидани маълумот аз Феҳристи операторони низоми пардохтӣ, интиқол додани маблағ дар доираи низоми пардохтӣ қатъ мегардад, аммо интиқоли маблағҳое, ки то рӯзи нишон додашуда оғоз гардида буд, бояд аз тарафи контрагенти марказии клиринги пардохтӣ ва (ё) маркази ҳисоббаробаркунӣ дар муҳлати дар қисми 4 моддаи 4 Қонуни мазкур муқарраргардида ба анҷом расонида шавад. Вобаста ба низомҳои ниҳоят муҳим муҳлати қатъ намудани интиқоли маблағҳо ва ба анҷом расонидани интиқоли маблағҳо аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон метавонад тамдид ёбад, аммо на зиёда аз як моҳ (Бо Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1723).
26. Оператори низоми пардохтӣ уҳдадор аст тағйироти қоидаҳои низоми пардохтӣ ва тағйироти номгӯи операторони хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтиро на дертар аз 10 (даҳ) рӯз пас аз рӯзи ворид намудани тағйироти дахлдор ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
27. Операторони низомҳои пардохтӣ метавонанд дар бораи ҳамкории мутақобили низомҳои пардохтии худ бо шарти нишон додани тартиби чунин ҳамкорӣ дар қоидаҳои низомҳои пардохтӣ шартнома банданд.
28. Таҳвилгари хизматрасонии пардохтӣ, ба истиснои Бонки миллии Тоҷикистон, ки дар он суратҳисобҳои бонкии на кам аз се таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтии дигар кушода шуда, байни ин суратҳисобҳо дар муддати се моҳ пай дар пай интиқоли маблағҳо дар ҳаҷми аз андозаи муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистон зиёд сурат мегирад, уҳдадор аст тибқи талаботи моддаи мазкур ирсол намудани аризаи гирифтани иҷозатномаи оператори низоми пардохтиро дар муҳлати 30 (сӣ) рӯз пас аз рӯзи оғози мутобиқат ба талаботи зикргардида таъмин намояд. Баъд аз гузаштани чор моҳ аз рӯзи оғози мутобиқат ба талаботи зикргардида, интиқоли маблағҳо байни суратҳисобҳои бонкии таҳвилгарони хизматрасониҳои пардохтӣ, ки дар чунин таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ кушода шудаанд, танҳо дар доираи низоми пардохтӣ иҷозат дода мешавад. Талаботи қисми мазкур нисбат ба таҳвилгарони хизматрасониҳои пардохтӣ, ки ҳамчун маркази ҳисоббаробаркунии низомҳои пардохтӣ амал карда, операторони низоми пардохтии онҳо аз Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи оператори низоми пардохтиро гирифтааст, татбиқ намегардад.
29. Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилоте, ки фаъолияти оператори низоми пардохтиро анҷом медиҳад ва тибқи талаботи моддаи мазкур бо ариза барои гирифтани иҷозатномаи оператори низоми пардохтӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиат накардааст, талабнома дар барои гирифтани иҷозатномаи оператори низоми пардохтӣ ирсол менамояд. Ташкилоти мазкур уҳдадор аст дар муҳлати на дертар аз 30 (сӣ) рӯзи тақвимӣ аз рӯзи гирифтани чунин талабнома аризаи гирифтани иҷозатномаи оператори низоми пардохтиро ба Бонки миллии Тоҷикистон ирсол кунад ё амалисозии фаъолияти оператори низоми пардохтиро қатъ намояд.
 
Моддаи 15. Оператори хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ ва талабот нисбат ба фаъолияти он
1. Оператори хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ дар доираи низоми пардохтӣ метавонад хизматрасониҳои амалиётӣ ва (ё) хизматрасониҳои клиринги пардохтиро пешниҳод намояд.
2. Оператори хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ хизматрасониҳои амалиётӣ ва (ё) хизматрасониҳои клиринги пардохтиро тибқи қоидаҳои низоми пардохтӣ ва дар асоси шартномаҳо бо оператори низоми пардохтӣ, иштирокчиёни низоми пардохтӣ ва маркази ҳисоббаробаркунӣ пешниҳод менамояд.
3. Ташкилоти қарзии молиявӣ, шахси ҳуқуқие, ки ташкилоти қарзии молиявӣ намебошад ё Бонки миллии Тоҷикистон метавонанд оператори хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ бошанд (Бо Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1723).
4. Оператори хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ, ки Бонки миллии Тоҷикистон ё ташкилоти қарзии молиявӣ мебошад, метавонад хизматрасониҳои амалиётӣ, клиринги пардохтӣ ва хизматрасониҳои маркази ҳисоббаробаркуниро анҷом диҳад (Бо Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1723).
5. Оператори хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ, ки ташкилоти қарзии молиявӣ намебошад, метавонад ҳамзамон хизматрасонии амалиётӣ ва хизматрасонии клиринги пардохтиро дар доираи як ташкилот иҷро намояд (Бо Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1723).
6. Оператори хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ, ки ташкилоти қарзии молиявӣ ё Бонки миллии Тоҷикистон мебошад, метавонад фаъолияти худро бо фаъолияти таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ, оператори низоми пардохтӣ ва фаъолияти дигар якҷоя намояд, агар чунин фаъолият ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат накунад (Бо Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1723).
7. Оператори хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ, ки ташкилоти қарзии молиявӣ намебошад, метавонад фаъолияти худро бо фаъолияти оператори низоми пардохтӣ ва фаъолияти дигар якҷоя намояд, агар чунин фаъолият ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат накунад (Бо Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1723).
8. Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти оператори хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтиро дар асоси Қонуни мазкур мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ва шартномаҳои басташаванда амалӣ менамояд.
9. Оператори хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ фаъолияти худро мутобиқи қоидаҳои низоми пардохтӣ ва шартномаҳое, ки бо иштирокчиёни низоми пардохтӣ ва операторони дигари хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ баста мешаванд, амалӣ менамояд.
10. Талабот ба операторони хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ, ки тибқи Қонуни мазкур бо онҳо шартномаҳо бастан мумкин аст, бо қоидаҳои низоми пардохтӣ муайян мегарданд.
11. Нисбат ба ҳолати молиявии операторони хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ, таъминоти технологии онҳо ва омилҳои дигаре, ки ба фаъолияти муттасили низоми пардохтӣ таъсир мерасонанд, талабот муайян карда мешавад ва он талаботи мазкур бояд воқеӣ (объективӣ) ва дастраси омма бошад, дастрасии баробарҳуқуқи операторони хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтиро ба низоми пардохтӣ таъмин намояд.
12. Операторони хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ уҳдадоранд ба оператори низоми пардохтӣ оид ба фаъолияти худ (дар мавриди хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ) мутобиқи қоидаҳои низоми пардохтӣ иттилоот пешниҳод намоянд.
13. Оператори хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ ҳангоми пешниҳоди хизматрасониҳои амалиётӣ додугирифти паёмҳои электрониро байни иштирокчиёни низоми пардохтӣ, байни иштирокчиёни низоми пардохтӣ ва муштариёни онҳо, оператори дигари хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтии пешниҳодкунандаи хизматрасониҳои клиринги пардохтӣ ва маркази ҳисоббаробаркунӣ таъмин менамояд.
14. Тибқи шартномаи хизматрасонии клиринги пардохтӣ, ки бо маркази ҳисоббаробаркунӣ баста мешавад, оператори хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтии пешниҳодкунандаи хизматрасониҳои клиринги пардохтӣ уҳдадор аст аз номи иштирокчиёни низоми пардохтӣ ба маркази ҳисоббаробаркунӣ фармоишҳои онҳоро барои иҷро пешниҳод намояд.
15. Оператори хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ ҳангоми пешниҳоди хизматрасониҳои амалиётӣ метавонад намудҳои дигари фаъолияти марбут ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсиониро, ки барои фаъолияти низоми пардохтӣ зарур буда, бо қоидаҳои низоми пардохтӣ пешбинӣ шудаанд, анҷом диҳад.
16. Оператори хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ барои зарари воқеие, ки ба иштирокчиёни низоми пардохтӣ ва (ё) маркази ҳисоббаробаркунӣ дар натиҷаи пешниҳод накардани (ба таври номатлуб пешниҳод кардани) хизматрасониҳои амалиётӣ ё хизматрасониҳои клиринги пардохтӣ расонидааст, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад.
17. Оператори низоми пардохтӣ дар ҳолатҳо ва бо тартиби пешбининамудаи қоидаҳои низоми пардохтӣ ҳуқуқ дорад барои хизматрасониҳои амалиётӣ ба иширокчиёни низоми пардохтӣ оператори хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтии пешниҳодкунандаи хизматрасониҳои амалиётиро, ки берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ҷалб намояд. Дар ҳолати мазкур оператори низоми пардохтӣ барои пешниҳоди хизматрасониҳои муносиби амалиётӣ ба иштирокчиёни низоми пардохтӣ масъул мебошад.
 
Моддаи 16. Талабот нисбат ба фаъолияти контрагенти марказии клиринги пардохтӣ
Контрагенти марказии клиринги пардохтӣ уҳдадор аст:
а) барои иҷрои уҳдадориҳояш маблағи кофӣ дошта бошад ё иҷрои уҳдадориҳояшро, аз ҷумла аз ҳисоби фонди кафолат, дар ҳаҷми уҳдадории зиёдтарине, ки аз рӯи он контрагенти марказии клиринги пардохтӣ пардохткунанда мегардад, дар муҳлати муайяннамудаи қоидаҳои низоми пардохтӣ таъмин намояд;
б) ҳамарӯза назорати хавфҳои иҷро нашудани (ба таври номатлуб иҷро шудани) уҳдадориҳо оид ба интиқоли маблағро аз ҷониби иштирокчиёни низоми пардохтӣ амалӣ созад:
- нисбат ба иштирокчиёни низоми пардохтӣ, ки таҳлили ҳолати молиявиашон аз хавфи барзиёд шаҳодат медиҳад, чораҳои маҳдудкунандаро истифода барад, аз ҷумла бо роҳи муқаррар намудани ҳаҷми барзиёди мавқеи клиринги пардохтӣ;
- таъмини барзиёди иҷрои уҳдадориҳои иштирокчиёни низоми пардохтиро оид ба интиқоли маблағҳо талаб намояд.
 
Моддаи 17. Талабот ба фаъолияти маркази ҳисоббаробаркунӣ
1. Маркази ҳисоббаробаркунӣ фаъолияти худро тибқи қоидаҳои низоми пардохтӣ ва дар асоси шартномаҳои суратҳисоби бонкӣ, ки бо иштирокчиёни низоми пардохтӣ баста мешаванд, амалӣ менамояд.
2. Маркази ҳисоббаробаркунӣ фармоишҳои иштирокчиёни низоми пардохтии аз оператори хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ воридгардидаро, ки хизматрасониҳои клиринги пардохтиро пешниҳод менамояд, бо роҳи хориҷ ва ворид намудани маблағҳо аз (ба) суратҳисобҳои бонкии иштирокчиёни низоми пардохтӣ иҷро менамояд
 
БОБИ 5. ТАЛАБОТ БАРОИ ТАШКИЛ ВА ФАЪОЛИЯТИ НИЗОМҲОИ ПАРДОХТӢ
 
Моддаи 18. Қоидаҳои низоми пардохтӣ
1. Низоми пардохтӣ мутобиқи қоидаҳои муқаррарнамудаи оператори низоми пардохтӣ фаъолият менамояд.
2. Қоидаҳои низоми пардохтӣ инҳоро муқаррар менамояд:
- номи оператори низоми пардохтӣ;
- сохтори ташкилӣ ва тартиби ҳамкории байни оператори низоми пардохтӣ, иштирокчиёни низоми пардохтӣ ва операторони хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ;
- шартҳои иштирок, тартиби дохил шудан ва баромадан аз низоми пардохтӣ;
- шаклҳои истифодашавандаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ;
- тартиби интиқоли маблағҳо дар доираи низоми пардохтӣ, аз ҷумла лаҳзаҳои фарорасии бебозхондӣ, баҳснопазирӣ ва анҷомёбии интиқоли маблағҳо;
- тартиби пардохти хизматрасонӣ барои интиқоли маблағҳо ва хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ, ки дар доираи низоми пардохт барои шдтирокчиён ҳаммонанд мебошад;
- тартиби амалӣ намудани клиринги пардохтӣ ва ҳисоббаробаркунӣ;
- низоми идоракунии хавфҳо дар низоми пардохтӣ, аз ҷумла усули истифодашавандаи идоракунии хавфҳо, номгӯи чорабиниҳо ва тарзҳои идоракунии хавфҳо;
- тартиби таъмини фаъолияти муттасили низоми пардохтӣ;
- тартиби таъмини иҷрои уҳдадориҳои иштирокчиёни низоми пардохтӣ аз рӯи интиқоли маблағҳо;
- талабот нисбат ба ҳифзи иттилоот;
- тартиби тағйир додани қоидаҳои низоми пардохтӣ;
- тартиби ҳалли ғайрисудии баҳсҳо бо иштирокчиёни низоми пардохтӣ ва операторони хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ.
3. Қоидаҳои низоми пардохтӣ метавонанд дар шакли ҳуҷҷати ягона ё якчанд ҳуҷҷати ба ҳамдигар алоқаманд таҳия карда шаванд.
4. Дар қоидаҳои низоми пардохтӣ муқаррар намудани талаботи зерин манъ аст:
- талабот ба иштирокчиёни низоми пардохтӣ дар бораи иштирок накардан дар дигар низомҳои пардохтӣ;
- талабот ба операторони хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ оид ба маҳдуд (манъ) кардани хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ дар доираи низомҳои пардохтии дигар.
5. Оператори низоми пардохтӣ уҳдадор аст ба ташкилотҳое, ки хоҳиши иштирок намуданро дар низоми пардохтӣ доранд, қаблан қоидаҳои низоми пардохтӣ, аз ҷумла тарифҳои хизматрасониро барои шиносоӣ пешниҳод намояд. Қоидаҳои низоми пардохтӣ, барои омма дастрас мебошанд, ба истиснои маълумоте, ки дастрасӣ ба он маҳдуд аст.
6. Иштирокчиёни низоми пардохтӣ уҳдадоранд ҳамаи қоидаҳои низоми пардохтиро иҷро намоянд.
7. Оператори низоми пардохтӣ метавонад ба таври яктарафа ба қоидаҳои низоми пардохтӣ тағйирот ворид намояд, ба шарте ки муҳлати ворид намудани тағйиротро на камтар аз ду моҳ аз рӯзи огоҳ намудани иштирокчиёни низоми пардохтӣ муқаррар намояд.
8. Қоидаҳои низоми пардохтии Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси Қонуни мазкур муайян карда мешаванд.
9. Хусусиятҳои қоидаҳои низоми пардохтӣ, ки дар доираи онҳо аз рӯи амалиёти дар бозори муташаккил гузаронидашуда маблағ интиқол мегардад, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
 
Моддаи 19. Иштирокчиёни низоми пардохтӣ
1. Шахсони ҳуқуқии зерин метавонанд ба шарти ба қоидаҳои низоми пардохтӣ ҳамроҳ шуданашон тибқи тартиби дар қоидаҳои низоми пардохтӣ муқарраргардида иштирокчии низоми пардохтӣ гарданд:
- таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ;
- иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок, инчунин шахсони ҳуқуқие, ки иштирокчиёни бозори муташаккил мебошанд;
- Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Дар сурати баста шудани шартномаи ҳамкории низомҳои пардохтӣ байни операторони низоми пардохтӣ контрагенти марказии клиринги пардохтӣ ва (ё) маркази ҳисоббаробаркунии низоми пардохтии дигар, ки бо супориши оператори чунин низоми пардохтӣ амал мекунанд, метавонанд иштирокчиёни низоми пардохтӣ бошанд.
3. Ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, бонкҳои марказии (миллии) хориҷӣ, бонкҳои хориҷӣ ва филиалҳои онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд иштирокчиёни низоми пардохтӣ бошанд.
4. Қоидаҳои низоми пардохтӣ иштироки мустақимро пешбинӣ менамоянд ва метавонанд иштироки ғайримустақимро дар низоми пардохтӣ, инчунин намудҳои гуногуни иштироки мустақим ва ғайримустақимро дар низоми пардохтӣ пешбинӣ намоянд.
5. Иштироки мустақим дар низоми пардохтӣ талаб мекунад, ки дар маркази ҳисоббаробаркунӣ суратҳисоби бонкии ташкилоте, ки иштирокчии мустақим мегардад, бо мақсади анҷом додани ҳисоббаробаркунӣ бо иштирокчиёни дигари низоми пардохтӣ кушода шавад.
6. Иштироки ғайримустақим дар низоми пардохтӣ талаб мекунад, ки ба иштирокчии ғайримустақим аз ҷониби иштирокчии мустақими низоми пардохтӣ, ки таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ мебошад, бо мақсади анҷом додани ҳисоббаробаркунӣ бо иштирокчиёни дигари низоми пардохтӣ суратҳисоби бонкӣ кушода шавад.
7. Муносибатҳои байни иштирокчиёни мустақим ва ғайримустақим бо қоидаҳои низоми пардохтӣ ва шартномаҳои басташуда танзим мегарданд.
8. Таҳвилгарони хизматрасониҳои пардохтӣ ҳуқуқ надоранд дар низоми пардохтие, ки оператори он иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро доро намебошад, иштирок намоянд.
 
Моддаи 20. Эътирофи аҳамиятнокии низоми пардохтӣ
1. Бонки миллии Тоҷикистон гурӯҳҳои зерини низоми пардохтии аҳамиятнокро муайян менамояд:
- низоми пардохтии ниҳоят муҳим;
- низоми пардохтии аз нигоҳи иҷтимоӣ муҳим.
2. Агар низоми пардохтӣ ба яке аз меъёрҳои зерин ҷавобгӯ бошад, он ниҳоят муҳим дониста мешавад:
- дар доираи низоми пардохтӣ дар давоми се моҳи тақвимӣ пай дар пай интиқол додани ҳаҷми умумӣ ва алоҳидаи маблағ ба андозаи на кам аз 30 фоизи ҳаҷми умумии ҳисоббаробаркуниҳои байнибонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дар доираи низоми пардохтӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон интиқол додани маблағҳо ҳангоми маблағгузории такрории ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва анҷом додани амалиёт дар бозори озод (Бо Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1723);
- дар доираи низоми пардохтӣ интиқол додани маблағҳо аз рӯи аҳдҳое, ки дар бозорҳои савдои муташаккил анҷом дода шудаанд.
3. Низоми пардохтӣ аз нигоҳи иҷтимоӣ вақте муҳим дониста мешавад, ки ба яке аз меъёрҳои зерин ҷавобгӯ бошад:
- дар доираи низоми пардохтӣ дар давоми се моҳи тақвимӣ пай дар пай интиқол додани маблағҳои пулиро ба андозаи на кам аз 25 (бисту панд) фоизи ҳадми умумии интиқоли маблағҳои пулӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намояд;
- дар доираи низоми пардохтӣ дар давоми соли тақвимӣ интиқол додани маблағҳои пулиро бо истифодаи кортҳои пардохтии бонкӣ ба андозаи на кам аз 25 (бисту панд) фоизи ҳадми умумии чунин интиқолҳо амалӣ намояд;
- дар доираи низоми пардохтӣ интиқоли маблағҳои пулиро дар давоми соли тақвимӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ ба андозаи на кам аз 25 (бисту панҷ) фоизи ҳаҷми умумии маблағҳои пулии аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хориҷа интиқолшуда амалӣ намояд  (Бо Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1723).
4. Низоми пардохтӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси иттилооте, ки мутобиқати низоми пардохтиро ба меъёрҳои муқарраргардида тасдиқ мекунад, дар ҳолатҳои зерин аҳамиятнок эътироф карда мешавад:
- ҳангоми додани иҷозатномаи оператори низоми пардохтӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон;
- ҳангоми аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон назорат гардидани низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дар асоси аризаи хаттии оператори низоми пардохтӣ бо замимаи ҳуҷҷатҳое, ки мутобиқати низоми пардохтиро ба меъёрҳои муқарраршуда тасдиқ мекунанд.
5. Талабот ба низоми пардохтии аҳамиятнок, идоракунии хавфҳо дар он ва тартиби аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон санҷидани мутобиқати қоидаҳои низоми пардохтии аҳамиятнок ба талаботи муқарраргардида, инчунин тартиби ворид намудани иттилоот оид ба низоми пардохтии аҳамиятнок ба Феҳристи операторони низомҳои пардохтӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
6. Низоми пардохтии Бонки миллии Тоҷикистон низоми пардохтии ниҳоят муҳим эътироф карда мешавад.
7. Низоми пардохтие, ки интиқолҳои фаромарзиро бе кушодани суратҳисобҳои бонкӣ анҷом медиҳад ва ҳамчун низоми пардохтии ниҳоят муҳим ё аз нигоҳи иҷтимоӣ муҳим барои иҷрои уҳдадориҳои иштирокчиёни низоми пардохтӣ эътироф гардидааст, бояд дар Бонки миллии Тоҷикистон фонди кафолат дошта бошад. Тартиб, андоза ва шартҳои ташаккули фонди кафолатро санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муайян менамояд.
8. Агар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Бонки миллии Тоҷикистон ба таври мустақим ё ғайримустақим дар идоракунии низоми пардохтӣ ва операторони хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ иштирок намоянд, он гоҳ низоми пардохтӣ миллӣ дониста мешавад ва ҳамаи бонкҳо, аз ҷумла бонкҳои исломӣ - резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии он бояд бошанд.
9. Тартиби фаъолияти низоми пардохтӣ, ки тавассути он интиқолҳои фаромарзии маблағҳо анҷом дода мешавад, бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
 
Моддаи 20(1). Таъмини суботи молиявӣ дар бозори хизматрасониҳои пардохтӣ
(Бо Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1723)
1. Бо мақсади коҳиш додани хавфи таҷаммуъ дар бозори хизматрасониҳои пардохтии оператори низоми пардохтӣ, оператори хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ ва таҳвилгари таъминоти барномавию техникӣ, Бонки миллии Тоҷикистон дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зиддиинҳисорӣ дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҳуд ҳиссаи зиёдтарини ишғоли бозори чунин хизматрасониҳоро муқаррар менамояд.
2. Аз тарафи оператори низоми пардохтӣ, оператори хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ ва таҳвилгари таъминоти барномавию техникӣ бевосита пешниҳод гардидани ҳар гуна мукофотпулӣ ва ҳавасмандгардонӣ ба кормандони ташкилотҳои қарзии молиявӣ манъ мебошад  (Бо Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1723).
 
Моддаи 21. Амалӣ намудани клиринги пардохтӣ ва ҳисоббаробаркунӣ дар низоми пардохтӣ
1. Клиринги пардохтӣ дар низоми пардохтӣ аз ҷониби оператори хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ, ки хизматрасониҳои клиринги пардохтиро пешниҳод менамояд, бо роҳҳои зерин амалӣ мегардад:
- анҷом додани расмиёти барои иҷро қабул намудани фармоишҳои иштирокчиёни низоми пардохтӣ, аз ҷумла санҷиши мутобиқати фармоишҳои иштирокчиёни низоми пардохтӣ ба талаботи муқарраршуда, муайян кардани кифоягии маблағҳои пулӣ барои иҷро намудани фармоишҳои иштирокчиёни низоми пардохтӣ ва муайян кардани мавқеи клиринги пардохтӣ;
- ба маркази ҳисоббаробаркунӣ барои иҷро супурдани фармоишҳои қабулшудаи иштирокчиёни низоми пардохтӣ;
- ба иштирокчиёни низоми пардохтӣ фиристодани огоҳиномаҳо (тасдиқномаҳо) барои иҷро қабул намудани фармоишҳои иштирокчиёни низоми пардохтӣ, инчунин ирсоли огоҳиномаҳо (тасдиқномаҳо) дар бораи иҷро шудани фармоишҳои иштирокчиёни низоми пардохтӣ.
2. Расмиёти барои иҷро қабул намудани фармоишҳои иштирокчиёни низоми пардохтӣ аз ҷониби оператори хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ, ки хизматрасониҳои клиринги пардохтиро пешниҳод менамояд, мутобиқи қоидаҳои низоми пардохтӣ амалӣ мегардад.
3. Мавқеи клиринги пардохтии иштирокчии низоми пардохтӣ метавонад ба таври маҷмӯӣ ва (ё) холис муайян карда шавад.
4. Мавқеи клиринги пардохтӣ ба таври маҷмӯӣ ба андозаи маблағи фармоиши алоҳидаи иштирокчии низоми пардохтӣ ё маблағи умумии фармоишҳои иштирокчиёни низоми пардохтӣ, ки аз рӯи онҳо иштирокчии низоми пардохтӣ пардохткунанда ё маблағгиранда мебошад, муайян карда мешавад.
5. Баъди ба таври маҷмӯӣ муайян кардани мавқеи клиринги пардохтӣ фармоишҳои иштирокчиёни низоми пардохтӣ аз ҷониби оператори хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ ба маркази ҳисоббаробаркунӣ барои иҷро дода мешаванд.
6. Мавқеи клиринги пардохтӣ ба таври холис аз рӯи андозаи фарқияти байни маблағи умумии фармоишҳои иҷрошавандаи иштирокчиёни низоми пардохтӣ, ки аз рӯи онҳо иштирокчии низоми пардохтӣ пардохткунанда мебошад ва маблағи умумии фармошнҳои иштирокчиёни низоми пардохтӣ, ки аз рӯи онҳо иштирокчии низоми пардохтӣ маблағгиранда мебошад, муайян карда мешавад.
7. Баъди ба таври холис муайян кардани мавқеи клиринги пардохтӣ оператори хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ фармоишҳои худ ва (ё) фармоишҳои қабулшудаи иштирокчиёни низоми пардохтиро ба маркази ҳисоббаробаркунӣ барои иҷро месупорад.
8. Ҳисоббаробаркунӣ дар низоми пардохтӣ дар асоси фармоишҳои оператори хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ аз ҷониби маркази ҳисоббаробаркунӣ бо роҳи дар суратҳисобҳои бонкии иштирокчиёни низоми пардохтӣ ва (ё) контрагенти марказии клиринги пардохтӣ хориҷ ва дохил намудани маблағҳо ба андозаи муайяншудаи мавқеи клиринги пардохтӣ амалӣ мегардад.
9. Ҳангоми баста шудани шартнома байни операторони низомҳои пардохтӣ оид ба ҳамкории низомҳои пардохтӣ клиринги пардохтӣ ва ҳисоббаробаркунӣ бо мақсади интиқоли маблағҳо байни низомҳои гуногуни пардохтӣ бо тартиби пешбининамудаи шартнома оид ба ҳамкорӣ байни низомҳои пардохтӣ амалӣ мегардад.
 
Моддаи 22. Таъмини сирри бонкӣ дар низоми пардохтӣ
Таҳвилгарони хизматрасониҳои пардохтӣ, операторони низоми пардохтӣ, операторони хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ ва агентҳои (субагентҳои) бонкии пардохтӣ вазифадоранд сирри бонкӣ ва тартиби ифшои онро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ" риоя намоянд.
 
Моддаи 23. Таъмини ҳифзи иттилоот дар низоми пардохтӣ
Таҳвилгарони хизматрасониҳои пардохтӣ, операторони низоми пардохтӣ, операторони хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ ва агентҳои (субагентҳои) бонкии пардохтӣ уҳдадоранд ҳифзи иттилоотро оид ба воситаҳо ва усули таъмини амнияти иттилоот, маълумоти шахсӣ ва дигар иттилооте, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатман ҳифз мегардад, таъмин намоянд.
 
Моддаи 24. Низоми идоракунии хавфҳо дар низоми пардохтӣ
1. Оператори низоми пардохтӣ уҳдадор аст яке аз усулҳои зерини идоракунии хавфҳоро, ки дар низоми пардохтӣ истифода мешавад, муайян намояд:
- идоракунӣ ва арзёбии мустақили хавфҳо дар низоми пардохтӣ аз ҷониби оператори низоми пардохтӣ;
- тақсимоти вазифаҳо оид ба арзёбӣ ва идоракунии хавфҳо байни оператори низоми пардохтӣ, операторони хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ ва иштирокчиёни низоми пардохтӣ;
- супоридани вазифаҳо оид ба арзёбӣ ва идоракунии хавфҳо ба маркази ҳисоббаробаркунӣ аз ҷониби оператори низоми пардохтӣ, ки ташкилоти қарзии молиявӣ намебошад (Бо Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1723).
2. Тарзҳои идоракунии хавфҳо дар низоми пардохтӣ бо дарназардошти хусусиятҳои ташкили низоми пардохтӣ, усули идоракунии хавфҳо, расмиёти клиринги пардохтӣ ва ҳисоббаробаркунӣ, миқдори интиқолҳои пулӣ ва маблағи онҳо, вақти анҷомёбии ҳисоббаробаркунӣ аз ҷониби оператори низоми пардохтӣ муайян карда мешавад.
 
Моддаи 25. Таъмини иҷрои уҳдадориҳои иштирокчиёни низоми пардохтӣ
1. Тартиби таъмини иҷрои уҳдадориҳои иштирокчиёни низоми пардохтӣ бо қоидаҳои низоми пардохтӣ муқаррар карда мешавад.
2. Қоидаҳои низоми пардохтӣ метавонанд аз ҷониби оператори низоми пардохтӣ ё бо супориши ӯ аз ҷониби контрагенти марказии клиринги пардохтӣ ё маркази ҳисоббаробаркунӣ таъсис додани фонди кафолати низоми пардохтиро аз ҳисоби маблағҳои (ҳақгузории кафолатии) иштирокчиёни низоми пардохтӣ пешбинӣ намоянд. Қоидаҳои низоми пардохтӣ, инчунин метавонанд ворид намудани маблағҳои оператори низоми пардохтӣ, контрагенти марказии клиринги пардохтӣ ва (ё) маркази ҳисоббаробаркуниро ба фонди кафолати низоми пардохтӣ пешбинӣ намоянд.
3. Фонди кафолати низоми пардохтӣ бо мақсади таъминоти иҷрои уҳдадориҳои иштирокчиёни низоми пардохтӣ аз ҷониби оператори низоми пардохтӣ ва ё бо супориши ӯ аз ҷониби контрагенти марказии клиринги пардохтӣ ё маркази ҳисоббаробаркунӣ истифода мегардад.
4. Ҳангоми аз ҷониби иштирокчии низоми пардохтӣ иҷро нашудани (ба таври номатлуб иҷро шудани) уҳдадориҳо, ҳақгузории кафолатии ӯ барои қонеъгардонии талабот аз рӯи чунин уҳдадориҳо истифода мегардад.
5. Ҳангоми нокифоя будани ҳақгузории кафолатии иштирокчии низоми пардохтӣ, ҳақгузориҳои кафолатии дигар иштирокчиёни низоми пардохтӣ бо тартиби пешбининамудаи қоидаҳои низоми пардохтӣ истифода мегарданд. Дар ин ҳолат иштирокчии номбурдаи низоми пардохтӣ уҳдадор аст маблағи ҳақгузориҳои кафолатии истифодашударо ҷуброн карда, инчунин барои истифодаи онҳо фоиз пардохт намояд, агар ин бо қоидаҳои низоми пардохтӣ пешбинӣ шуда бошад.
6. Ҳангоми қатъ шудани иштирок дар низоми пардохтӣ, ҳақгузории кафолатии иштирокчии низоми пардохтӣ бо тартиб ва муҳлати пешбининамудаи қоидаҳои низоми пардохтӣ баргардонида мешавад.
7. Фонди кафолати низоми пардохтӣ дар суратҳисоби бонкии алоҳида (минбаъд - суратҳисоби фонди кафолати низоми пардохтӣ), ки ба оператори низоми пардохтӣ, контрагенти марказии клиринги пардохтӣ ё иштирокчиёни низоми пардохтӣ кушода мешавад, тибқи моддаи 26 Қонуни мазкур ба ҳисоб гирифта мешавад.
8. Суратҳисоби фонди кафолати низоми пардохтӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон кушода мешавад.
 
Моддаи 26. Суратҳисоби фонди кафолати низоми пардохтӣ
1. Ҳангоми ба оператори низоми пардохтӣ кушодани суратҳисоби фонди кафолати низоми пардохтӣ, амалиёт аз рӯи суратҳисоби мазкур дар асоси фармоишҳои оператори низоми пардохтӣ гузаронида мешавад.
2. Ҳангоми ба контрагенти марказии клиринги пардохтӣ кушодани суратҳисоби фонди кафолати низоми пардохтӣ, амалиёт аз рӯи суратҳисоби мазкур дар асоси фармоишҳои оператори низоми пардохтӣ бе фармоиши контрагенти марказии клиринги пардохтӣ ё дар асоси фармоиши контрагенти марказии клиринги пардохтӣ бо розигии оператори низоми пардохтӣ гузаронида мешавад.
3. Ҳангоми ба иштирокчии низоми пардохтӣ кушодани суратҳисоби фонди кафолати низоми пардохтӣ, амалиёт аз рӯи суратҳисоби мазкур ё дар асоси фармоишҳои оператори низоми пардохтӣ ё контрагенти марказии клиринги пардохтӣ бе фармоиши иштирокчии низоми пардохтӣ, ки ба ӯ суратҳисоби мазкур кушода шудааст ё дар асоси фармоишҳои иштирокчии низоми пардохтӣ, ки ба ӯ чунин суратҳисоб кушода шудааст, бо розигии оператори низоми пардохтӣ ё контрагенти марказии клиринги пардохтӣ гузаронида мешавад.
4. Ҳангоми ба контрагенти марказии клиринги пардохтӣ кушодани суратҳисоби фонди кафолати низоми пардохтӣ, оператори низоми пардохтӣ ҳуқуқ дорад аз таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ, ки дар он суратҳисоби фонди кафолати низоми пардохтӣ кушода шудааст, оид ба амалиёт аз рӯи суратҳисоби мазкур маълумотро дастрас намояд. Ҳангоми ба иштирокчии низоми пардохтӣ кушодани суратҳисоби фонди кафолати низоми пардохтӣ, контрагенти марказии клиринги пардохтӣ ва оператори низоми пардохтӣ ҳуқуқ доранд аз таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ, ки дар он суратҳисоби фонди кафолати низоми пардохтӣ кушода шудааст, оид ба амалиёт аз рӯи суратҳисоби мазкур маълумотро дастрас намоянд.
5. Ҳангоми кушодани суратҳисоби фонди кафолати низоми пардохтӣ ба контрагенти марказии клиринги пардохтӣ ё иштирокчии низоми пардохтӣ, шахсе, ки ҳуқуқи додани фармоишро аз рӯи ин суратҳисоб тибқи талаботи қисми 2 ва 3 моддаи мазкур дорад, муайян карда мешавад.
6. Розигии оператори низоми пардохтӣ ё контрагенти марказии клиринги пардохтӣ барои гузаронидани амалиёт аз рӯи суратҳисоби фонди кафолати низоми пардохтӣ тибқи қоидаҳои низоми пардохтӣ бо он тартиби дар шартномаи суратҳисоби бонкӣ пешбинигардида дода мешавад.
7. Оператори низоми пардохтӣ, контрагенти марказии клиринги пардохтӣ, иштирокчии низоми пардохтӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисмҳои 2 ва 5 моддаи 25 Қонуни мазкур маблағҳои худро ба суратҳисоби фонди кафолати низоми пардохтӣ мегузаронанд.
8. Дар ҳолати муфлис эътироф намудани оператори низоми пардохтӣ, контрагенти марказии клиринги пардохтӣ ва иштирокчии низоми пардохтӣ, маблағҳои суратҳисоби фонди кафолати низоми пардохтӣ ба ҳисоби дороиҳои ситонидашавандаи шахси муфлисшуда гузаронида нашуда, дар ҳаҷми маблағҳое, ки пас аз иҷрои ҳама уҳдадориҳои иштирокчиёни низоми пардохтӣ боқӣ мондаанд, ба шахсони пардохтнамуда баргардонида мешаванд.
9. Аз рӯи қарзҳои оператори низоми пардохтӣ, контрагенти марказии клиринги пардохтӣ, иштирокчии низоми пардохтӣ маблағҳои суратҳисоби фонди кафолати низоми пардохтӣ наметавонанд ҳабс карда шаванд, инчунин амалиёт аз рӯи суратҳисоби мазкур низ боздошта намешавад.
10. Бо асосҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба боздошти амалиёт аз рӯи суратҳисоби фонди кафолати низоми пардохтӣ иҷозат дода намешавад.
11. Маблағҳое, ки дар суратҳисоби фонди кафолати низоми пардохтӣ мавҷуданд, аз рӯи уҳдадориҳои оператори низоми пардохтӣ, контрагенти марказии клиринги пардохтӣ ё иштирокчии низоми пардохтӣ ситонида намешавад.
 
БОБИ 6. НАЗОРАТИ НИЗОМИ ПАРДОХТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Моддаи 27. Мақсади назорати низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Мақсади асосии назорати низоми пардохтӣ - мусоидат ба фаъолияти босамару мунтазами низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
2. Назорати низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон - фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон оид ба назорати риоя шудани талаботи Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби таҳвилгарони хизматрасониҳои пардохтӣ, операторони низомҳои пардохтӣ ва операторони хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ мебошад.
3. Бонки миллии Тоҷикистон риояи талаботи Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти бонкӣ, ташкилотҳои маблағгузории хурд ва Қонуни мазкур назорат менамояд (Бо Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1723).
4. Бонки миллии Тоҷикистон риояи талаботи Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро аз ҷониби операторони низоми пардохтӣ, операторони хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ, ки ташкилоти қарзии молиявӣ намебошанд (минбаъд - ташкилотҳои назоратшаванда) тибқи Қонуни мазкур амалӣ менамояд(Бо Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1723).
 
Моддаи 28. Амалисозии назорати низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Ҳангоми амалисозии назорати низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки миллии Тоҷикистон амалҳои зеринро анҷом медиҳад:
- ҷамъоварӣ, мураттабсозӣ ва таҳлили иттилоот (аз ҷумла маълумоти ҳисоботҳо), ки ба фаъолияти ташкилотҳои назоратшаванда ва иштирокчиёни низомҳои пардохтӣ, инчунин сохтори ташкилӣ ва фаъолияти низомҳои пардохтӣ дахл дорад;
- арзёбии фаъолияти ташкилотҳои назоратшаванда ва иштирокчиёни низоми пардохтӣ;
- омода намудани таклифҳо оид ба тағйир додани фаъолияти ташкилотҳои назоратшаванда ва иштирокчиёни низоми пардохтӣ аз рӯи натиҷаи арзёбӣ;
- санҷиши фаъолияти ташкилотҳои назоратшаванда;
- татбиқ намудани чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ мутобиқи моддаи 30 Қонуни мазкур дар ҳолати аз ҷониби ташкилотҳои назоратшаванда риоя нашудани талаботи Қонуни мазкур ё санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон.
2. Бонки миллии Тоҷикистон шакл ва муҳлати пешниҳоди ҳисоботро оид ба низоми пардохтӣ ва усули таҳияи ҳисоботи мазкур муайян менамояд.
3. Ҳангоми амалисозии назорати низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад аз ташкилотҳои назоратшаванда ва иштирокчиёни низоми пардохтӣ ҳуҷҷатҳо ва дигар иттилооти заруриро дастрас намояд.
4. Тартиби амалисозии назорати низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
 
Моддаи 29. Тартиби гузаронидани санҷиши ташкилотҳои назоратшаванда
1. Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад на зиёдтар аз як маротиба дар ду сол дар ташкилотҳои назоратшаванда санҷиши нақшавӣ гузаронад.
2. Ҳангоми халалдор шудани фаъолияти мунтазами низоми пардохтии аҳамиятнок, Бонки миллии Тоҷикистон санҷишҳои ғайринақшавӣ мегузаронад.
3. Ҳангоми гузаронидани санҷиши ташкилоти назоратшаванда намояндагони (хизматчиёни) ваколатдори Бонки миллии Тоҷикистон дорои ҳуқуқҳои зерин мебошанд:
- тафтиш намудани ҳуҷҷатҳои ташкилоти назоратшаванда;
- ҳангоми зарурат ҳамроҳ намудани нусхаи ҳуҷҷатҳо ба маводи санҷиш;
- гирифтани тавзеҳоти шифоҳӣ ва хаттӣ доир ба фаъолияти ташкилоти назоратшаванда;
- дастрасии ҷойҳои фаъолияти ташкилоти назоратшаванда;
- дастрасии низомҳои иттилоотии ташкилоти назоратшаванда, аз ҷумла барои гирифтани иттилоот дар шакли электронӣ.
4. Аз рӯи натиҷаи санҷиш намояндагони (хизматчиёни) ваколатдори Бонки миллии Тоҷикистон санади санҷиш тартиб медиҳанд, ки он маълумоти умумӣ оид ба фаъолияти ташкилоти назоратшаванда, иттилоот оид ба камбудиҳои дар рафти санҷиш ошкоргардидаро бо замимаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ва маълумот оид ба далелҳои мухолифат ба гузаронидани санҷишро дар бар мегирад.
5. Тартиби гузаронидани санҷиши ташкилотҳои назоратшавандаро Бонки миллии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
 
Моддаи 30. Чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ
1. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад чораҳои фаврии ислоҳӣ ё таъсиррасонии дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинишударо татбиқ намояд, агар ба он маълум гардад, ки ташкилоти назоратшаванда, кормандони роҳбарикунанда ё кормандони дигари он:
- талаботи Қонуни мазкур, қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ва амрномаҳои Бонки миллии Тоҷикистонро риоя накардаанд;
- ба Бонки миллии Тоҷикистон маълумоти муқарраршударо сари вақт пешниҳод накардаанд ё онро носаҳеҳу нопурра пешниҳод намудаанд;
- фаъолияти мунтазами низоми пардохтиро таъмин накардаанд.
2. Ҳангоми ҷой доштани ҳолатҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда Бонки миллии Тоҷикистон метавонад нисбат ба ташкилоти назоратшаванда чораҳои ислоҳӣ ё таъсиррасонии зеринро татбиқ намояд:
- ба ташкилоти назоратшаванда оид ба зарурати мувофиқи талаботи муқарраргардида фаъолият намудан дастур диҳад;
- ба ташкилоти назоратшаванда оид ба бартараф намудани камбудиҳо бо нишон додани муҳлати рафъи онҳо амрнома ирсол намояд;
- аз ташкилоти назоратшаванда таҳия ва пешниҳоди нақшаи чорабиниҳоро оид ба рафъи камбудиҳо ва ислоҳи вазъи баамаломада ё маълумотро оид ба чораҳои андешидашуда талаб намояд;
- бо амрнома пешниҳоди хизматрасониҳои амалиётӣ ва клиринги пардохтиро, аз ҷумла ҳангоми ҷалб намудани маркази амалиётии берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиршуда, маҳдуд ё боздошт намояд;
- иҷозатномаи оператори низоми пардохтиро бозхонд намояд.
3. Қарор дар бораи бозхонди иҷозатномаи оператори низоми пардохтӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон қабул карда мешавад.
4. Тартиби татбиқи чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
 
Моддаи 31. Ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо мақомоти давлатӣ ҳангоми амалисозии назорати низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳангоми амалисозии назорати низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки миллии Тоҷикистон метавонад бо мақомоти давлатӣ ҳамкорӣ намояд.
 
Моддаи 32. Ҳамкории байналмилалии Бонки миллии Тоҷикистон оид ба назорати низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо бонкҳои марказӣ (миллӣ) ва мақомоти назораткунандаи дигар дар низоми миллии пардохтии давлатҳои хориҷӣ мутобиқи созишномаҳои (ёддоштҳои тафоҳуми) ҳамкорӣ, ки бо онҳо баста шудааст, амалӣ мегардад.
2. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад тибқи созишномаҳои (ёддоштҳои тафоҳуми) басташуда бо бонкҳои марказӣ (миллӣ) ё дигар мақомоти назорати низоми миллии пардохтии давлати хориҷӣ бо назардошти талаботи таъмини ҳифзи иттилоот мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон додугирифти иттилоотро дар соҳаи назорати низоми пардохтӣ ба роҳ монад. Бонки миллии Тоҷикистон уҳдадор аст нисбат ба иттилооте, ки аз бонкҳои марказӣ (миллӣ) ё дигар мақомоти назорати низоми миллии пардохтии давлати хориҷӣ гирифта шудааст, талаботи ифшои иттилоотро тибқи созишномаи (ёддошти тафоҳуми) басташуда риоя намояд.
 
БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
 
Моддаи 33. Қоидаҳои гузариш
Ташкилотҳое, ки фаъолияти операторони низомҳои пардохтиро анҷом медиҳанд, уҳдадоранд фаъолияти худро ба талаботи Қонуни мазкур мутобиқ намуда, тибқи моддаи 14 Қонуни мазкур дар давоми 1 (як) сол аз рӯзи мавриди амал қарор дода шудани он аз Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи оператори низоми пардохтиро гиранд.
 
Моддаи 34. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 35. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                        Эмомалӣ Раҳмон
 
ш.Душанбе
24 феврали соли 2017 № 1397

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САНҶИШИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ ХОҶАГИДОР

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Сшб, 15/09/2020 - 11:40
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1269
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
25.12.2015
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ САНҶИШИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ ХОҶАГИДОР
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2015, №12, қ.1, мод. 1115; с.2017, №79, мод. 578)
(Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1459, аз 20.06.2019 № 1624, аз 2.01.2020 № 1683, аз 15.03.2023 № 1958)
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 ноябри соли 2015, № 210
қабул гардидааст.
 
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 18 декабри соли 2015, № 156
ҷонибдорӣ гардидааст.
 
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии гузаронидани санҷиш, тартиб ва расмиёти ягонаи гузаронидани он, ҳуқуқу уҳдадориҳои субъектҳои хоҷагидор, шахсони мансабдори мақомоти санҷиширо муқаррар намуда, ба ҳифзи саломатӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, муҳити зист, амнияти миллӣ ва ҳимояи фаъолияти субъектҳои хоҷагидори санҷидашаванда, новобаста ба шакли моликияташон, равона карда шудааст.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
- дафтари бақайдгирии санҷишҳо - дафтари бақайдгирии санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, ки дар он тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур маълумот оид ба ҳар як санҷиши гузаронидашуда сабт карда мешавад;
- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор - мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ки барои татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи дастгирии соҳибкорӣ ваколатдор мебошад;
- мақомоти санҷишӣ - мақомоти давлатие, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, ки тибқи Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, ваколатдор мебошад;
- меъёрҳои арзёбии дараҷаи таваккал - маҷмӯи нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва (ё) сифати вобаста ба фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, ки мансуб донистани онҳоро ба дараҷаҳои гуногуни таваккал имконият медиҳад;
- объекти санҷиш - фаъолияти субъекти хоҷагидор, ки дорои дараҷаи муайяни таваккал мебошад;
- санҷиш - намуди фаъолияти мақомоти санҷишӣ оид ба омӯзиш, таҳлил, назорат ва муқоисаи фаъолияти субъекти хоҷагидор ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- субъектҳои хоҷагидор - шахсони ҳуқуқӣ (новобаста ба шакли моликият), аз ҷумла филиал ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки фаъолияти соҳибкориро амалӣ менамоянд;
- таваккал - эҳтимолияти ба миён омадани оқибатҳои манфӣ ва андозаи тахминии зарар дар натиҷаи фаъолияти субъектҳои хоҷагидор;
- Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣмақоми машваратии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишро таъмин менамояд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1459).
Моддаи 3. Мақсади санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор
1. Мақсади гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор кам намудани таваккал барои саломатии шаҳрвандон, муҳити зист, амнияти ҷомеа, ҳифзи моликият тавассути таъмини риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор дар раванди амалӣ намудани фаъолият мебошад.
2. Раванди гузаронидани санҷиш фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро боз намедорад.
Моддаи 4. Доираи амали Қонуни мазкур
1. Муқаррароти Қонуни мазкур, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 ҳамин модда, нисбат ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор татбиқ мегарданд.
2. Муқаррароти Қонуни мазкур, ба истиснои талаботи моддаи 13, нисбат ба санҷишҳои дар доираи назорати прокурорӣ, аудити Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, қонунгузории бонкӣ, мурофиавии ҷиноятӣ, андоз, гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти оперативию ҷустуҷӯӣ танзимшаванда татбиқ намегарданд.
3. Аз ҷониби мақомоту сохторҳои давлатие, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дорои ваколатҳои назоратӣ (назорати давлатӣ, корҳои назоратӣ) ва санҷишӣ буда, дар моддаи 10 Қонуни мазкур пешбинӣ нашудаанд, ба истиснои муқаррароти қисми 2 ҳамин модда ва мавҷуд будани парвандаи ҷиноятӣ, гузаронидани назорат (назорати давлатӣ, корҳои назоратӣ) ва санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор манъ аст (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1958).
Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор мансубанд:
- иштирок дар таҳияи сиёсати давлатӣ дар соҳаи гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор;
- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор;
- таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ ва тасдиқи низомномаи он;
- тасдиқи қоидаҳои намунавии гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор;
- тасдиқи шакл ва тартиби истифодаи дафтари бақайдгирии санҷишҳо;
- тасдиқи қоидаҳои муайян намудани меъёрҳои арзёбии дараҷаи таваккали фаъолияти субъекти хоҷагидор;
- тасдиқи Кодекси одоби шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ;
- тасдиқи расмиёти ташкил, пур кардан ва пешбурди махзани ягона оид ба санҷишҳои гузаронидашуда ва низоми иттилоотии идоракунӣ;
- амалӣ намудани салоҳияти дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 6. Ваколатҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ
1. Ба ваколатҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ дохил мешаванд:
- роҳбарӣ ва ҳамоҳангсозии ислоҳоти низоми санҷиш барои афзун намудани самараи ҳифзи саломатии шаҳрвандон, молу мулк, муҳити зист, амнияти ҷомеа ва кам кардани сарборӣ барои субъектҳои хоҷагидор;
- мусоидат ба таъсис ва таҳкими инфрасохтори маъмурӣ, ки ба таъмини иҷрои мақсад ва вазифаҳои санҷиш зарур аст;
- ҳамоҳангсозии кор оид ба ташкили махзани ягонаи маълумот дар бораи санҷишҳо;
- таъмини риояи қоидаҳои гузаронидани санҷиш аз ҷониби мақомоти санҷишӣ;
- ҳамоҳангсозии нақшаҳои санҷиши мақомоти санҷишӣ бо мақсади роҳ надодан ба такроршавии санҷишҳо;
- тасдиқи меъёрҳои умумии арзёбии самара ва натиҷабахшии фаъолияти марбут ба санҷшнҳои мақомоти санҷишӣ;
- баррасӣ ва тасдиқ намудани қоидаҳои умумии ҷамъ овардани маълумот ва таҳияи методологияи ягонаи арзёбии санҷишҳо;
- баррасии ҳисоботи солонаи мақомоти санҷишӣ бо арзёбии ҳарсолаи самара ва натиҷабахшии санҷишҳо ва муайян намудани тартиби интишори он дар воситаҳои ахбори омма;
- пешниҳоди таклифҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи такмили мақомоти санҷишӣ ва муайян намудани мавзӯи санҷишҳо;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ.
2. Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ мутобиқи самтҳои фаъолият ҳуқуқ дорад:
- аз мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва дигар субъектҳои хоҷагидор оид ба санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор маълумоти заруриро талаб карда гирад;
- бо тартиби муқарраргардида дар бораи такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи санҷиш ва фаъолияти мақомоти санҷишӣ таклиф пешниҳод намояд;
- ҳисоботи шашмоҳа ва солонаро шунида, нақшаҳои солона ва таљйирот ба онҳоро маъқул шуморад;
- дигар ваколатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба санҷиш ва низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷиширо иҷро намояд.
3. Дар сурати аз ҷониби мақомоти санҷишӣ таҳия гардидани лоиҳаи қонунҳое, ки мавзӯъҳои нав ё таъсиси мақомоти нави санҷиширо пешбинӣ менамоянд, Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ доир ба лоиҳаи қонунҳои мазкур хулоса медиҳад. Лоиҳаи қонунҳои мазкур бе гирифтани хулосаи мусбати Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷиши ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда наметавонанд.
4. Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷиши ҳангоми баррасии лоиҳаи қонунҳои мазкур, ба истиснои масъалаҳое, ки мавзӯи онҳо танзими қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сирри давлатӣ мебошад, бо соҳибкорон машварат мегузаронад.
Моддаи 7. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор
Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор чунин ваколатҳоро амалӣ мегардонад:
- татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор;
- мониторинги санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ва ба Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ пешниҳод намудани иттилооти ҳарсола аз рӯи натиҷаҳои он;
- натиҷагирӣ аз таҷрибаи гузаронидани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, таҳия ва пепшиҳоди таклифҳо оид ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор;
- пешбурди фаъолияти котиботи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ;
- мусоидат ҷиҳати ҷорӣ намудани хатти алоқаи телефонии фаврӣ ва сомонаи дахлдор барои воридшавии шикоят нисбат ба мақомоти санҷишӣ;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 8. Қоидаҳои намунавии гузаронидани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор
1. Қоидаҳои намунавии гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор муқаррароти зеринро дар бар мегиранд:
- мавзӯи танзим, шумора ва доираи гузаронидани санҷишҳо;
- асосҳои ҳуқуқии гузаронидани санҷишҳо аз тарафи мақомоти санҷишӣ;
- ваколатҳои шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ;
- тартиби банақшагирӣ ва гузаронидани санҷишҳо;
- услуби тартибдиҳии санади санҷишӣ;
- расмиёт оид ба баррасии дохилиидоравии муроҷиати субъекти хоҷагидор;
- расмиёт ҷиҳати банақшагирӣ, пешниҳоди иттилоот ва машварат ба субъектҳои хоҷагидор;
- расмиёт оид ба арзёбии таваккали фаъолияти субъектҳои хаҷагидор ва тақсимоти онҳо аз рӯи дараҷаи таваккал;
- қоидаҳои рафтори кормандони мақомоти санҷишӣ;
- расмиёт оид ба баррасии муроҷиатҳо ва пешниҳоди иттилооти дигар аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор;
- расмиёти интихоби намунаҳои маҳсулот, нигоҳдорӣ ва ҳамлу нақли он барои гузаронидани ташхис;
- ҷалби эксперт, ташкилоти экспертӣ барои гузаронидани санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидор.
2. Мақомоти санҷишӣ дар асоси қоидаҳои намунавии гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор қоидаҳои гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро дар соҳаи худ таҳия ва тасдиқ менамоянд, ки бо тартиби муқарраргардида ба қайди давлатӣ гирифта шуда, мавриди интишори расмӣ қарор дода мешаванд.
3. Гузаронидани санҷиш аз ҷониби мақомоти санҷишӣ дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба қайди давлатӣ гирифта нашудаанд ва мавриди интишори расмӣ қарор нагирифтанд, манъ аст.
Моддаи 9. Принсипҳои асосии гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор
Гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- қонуният, бељаразӣ ва ошкорбаёнӣ;
- пешгирӣ ва бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳо;
- поквиҷдонии шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ ва субъекти хоҷагидор;
- ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъектҳои хоҷагидор;
- роҳ надодани дахолат ба фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, ки ба мавзӯи санҷиш вобастагӣ надорад;
- даврияти гузаронидани санҷиш;
- нораво будани такроркунии санҷишу назорати идоравӣ ва байниидоравӣ ҳангоми гузаронидани санҷиш;
- ҳатмӣ будани маълумотдиҳӣ ба субъектҳои хоҷагидор аз ҷониби мақомоти санҷиш оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки шарту талаботи ҳатмиро пешбинӣ менамоянд ва риояи онҳо мавриди санҷиш қарор дода мешавад;
- ошкоро ва дастрас будани иттилоот оид ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор;
- гузаронидани санҷиш бо риояи талаботи Қонуни мазкур танҳо дар минтақаи фаъолияти субъекти хоҷагидор;
- кам кардани сарборӣ нисбати субъекти хоҷагидор, ки бо санҷиши фаъолияти он алоқаманд аст ва таъмин намудани камкунии самараи таваккалҳо;
- пайвастагӣ ва фаври будани гузаронидани санҷиш дар муҳлати муқарраргардида;
- уҳдадории мақомоти санҷишӣ оид ба асосноккунии амалҳои худ дар асоси дараҷаи таваккал.
Моддаи 10. Мақомоти санҷишӣ ва мавзӯи санҷишҳо
1. Мақомоти санҷишӣ дар доираи ваколати худ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро бо назардошти мавзуъҳои зерини санҷиш амалӣ менамоянд:
1) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист:
- ҳифзи муҳити зист, назорати истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ;
- риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хоҷагии ҷангал, шикор, олами набототу ҳайвонот ва ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1958).
2) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1958):
- меъморӣ ва сохтмон.
3) Мақоми ваколатдори давлатии назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ:
- риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифодаи оқилона ва ҳифзи қаъри замин, геологияи кӯҳии техникӣ, муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ, пешбурди бехатарии корҳо дар саноати кимиё ва металлургӣ, бехатарии иншооти борбардор, зарфҳои зери фишор коркунанда ва техникаи аттраксионӣ, иншооти истеҳсоли хатарнок, истифодаи бехатари иншооти газ.
4) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи телевизион ва радио:
- пахши барномаҳои телевизионӣ ва радио;
- истеҳсол ва/ё интишори маводи овозӣ, визуалӣ, аудиовизуалӣ, инчунин интишори ахбори иловагӣ, дуюмбора ва намудҳои дигари ахбори омма.
5) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти зиддиинҳисорӣ:
- ҳимоя ва рушди рақобату пешгирӣ, маҳдудкунӣ, қатъи фаъолияти инҳисорӣ ва рақобати бевиҷдонона;
- танзими фаъолияти субъектҳои монополияҳои табиӣ;
- ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон;
- танзими фаъолияти рекламавӣ.
6) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи оташнишонӣ:
- риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор.
7) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1958):
- истеҳсол, истихроҷ, коркард, истифода, нигоҳдорӣ ва баҳисобгирии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо.
8) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати энергетикӣ:
- истифодаи оқилона ва босамари захираҳои гармию энергетикӣ;
- таъминоти реҷавӣ ва босифати истеъмолкунандагон бо захираҳои гармию энергетикӣ;
- ҳолати баҳисобгирии истеҳсол ва истифодаи қувваи барқу гармӣ;
- ҳолати техникии неругоҳҳои барқӣ, шабакаҳои барқӣ ва дастгоҳҳои барқию гармӣ, низоми истифодаи қувваи (неруи) барқу гармӣ;
- гузаронидани чорабиниҳои таъминкунандаи хизматрасонии бехатари дастгоҳҳои барқӣ ва истифодабарандаи гармӣ.
9) Мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи бехатарии иншооти гидротехникӣ: - риояи меъёр ва қоидаҳои бехатарии иншооти гидротехникӣ;
- риояи чораҳо ҷиҳати пешгирии садама ва осебёбии иншооти гидротехникӣ;
- ҳолати техникии иншооти гидротехникӣ;
- санҷиши иншооти гидротехникӣ бо мақсади мутобиқати онҳо ба эъломияҳои бехатарӣ.
10) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ:
- фаъолияти фармасевтӣ ва молҳои тиббӣ;
- љизои кӯдакон ва маводи ороишӣ (косметикӣ);
- муомилоти қонунии маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои дар тиб истифодашаванда;
- фаъолияти тиббӣ;
- ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1958).
хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1958).
11) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ:
- риояи қоидаҳои фитосанитарӣ ва карантини растаниҳо;
- фаъолияти байторӣ;
- пешбурди корҳои зотпарварӣ дар чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ;
- сифати тухмӣ ва парвариши ниҳолҳо (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1624).
12) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ:
- риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1624);
13) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи стандартонӣ, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо:
- стандартонӣ, метрология ва сертификатсия;
- риояи қоидаҳои савдо ва хӯроки умумӣ;
- бамеъёрдарории техникӣ;
- аккредитатсия.
14) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати санитарию эпидемиологӣ:
- риояи меъёр ва қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1958).
15) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуљли аҳолӣ:
- ҳифзи меҳнат;
- муҳоҷират;
- шуљли аҳолӣ.
16) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёт:
- риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ, обӣ, роҳи оҳан, барқӣ, саноатӣ ва хоҷагии роҳ (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1624).
17) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқа:
- алоқаи барқӣ, алоқаи почта ва иттилоотонӣ.
18) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ:
- назорати истифодаи амволи давлатӣ;
- риояи қоидаҳои пешбурди дафтари бақайдгирии санҷишҳо.
19) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм:
- риояи раванди таълим ва тарбия дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ;
- маблаљгузории фаъолияти муассисаҳои таълиму тарбияи соҳаи маориф аз ҳисоби маблаљи дар ихтиёрашон буда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
20) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар:
- фаъолият вобаста ба парвариши растаниҳои нашъаовар бо мақсадҳои илмӣ, ҳамчунин тайёр кардани воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропии нав;
- фаъолияти вобаста ба муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо (таҳия, истеҳсол, тайёр кардан, коркард, нигоҳ доштан, интиқол, муросилот, додан, фурӯхтан, тақсим кардан, соҳиб шудан, истифода, воридот ва содирот).
21) Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими муносибатҳо вобаста ба замин ва геодезия:
- назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин;
- назорати давлатии геодезӣ (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1958).
22) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи омор:
- дурустӣ ва эътимоднокии маълумоти оморӣ.
23) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ:
- истифодаи манбаъҳои афканишоти иондоркунанда (ҳосилкунанда);
- истифодаи моддаҳои радиоактивӣ;
- муомилот бо партовҳои радиоактивӣ;
- истифодаи энергияи атомӣ (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1683, аз 15.03.2023 № 1958).
2. Мавзӯи санҷиши як мақоми санҷишӣ, ки дар қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ шудааст, наметавонад аз тарафи мақоми дигари санҷишӣ такрор карда шавад.
3. Таљйир додани номгӯи мақомоти давлатии санҷишӣ ва мавзӯи санҷишҳо танҳо бо роҳи ворид намудани таљйиру иловаҳо ба қисми 1 ҳамин модда имконпазир мебошад.
Моддаи 11. Меъёрҳои арзёбии дараҷаи таваккали фаъолияти субъектҳои хоҷагидор
1. Мақомоти санҷишӣ фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро дар асоси дараҷаи таваккал мавриди санҷиш қарор медиҳанд. Мақомоти санҷишӣ меъёрҳои арзёбии дараҷаи таваккалро дар асоси сатҳи имконияти расонидани зарар дар натиҷаи фаъолияти субъекти хоҷагидор ба ҳаёт ё саломатии аҳолӣ, манфиатҳои молумулкӣ ва амнияти ҷомеа, ҳифзи муҳити зист, бо дарназардошти дараҷаи вазнинии оқибатҳои он, муайян менамоянд.
2. Мақомоти санҷишӣ меъёрҳоеро таҳия менамоянд, ки дар асоси онҳо дараҷаи таваккал ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти субъекти хоҷагидор дар соҳаи мансуб ба ваколати он арзёбӣ мегардад.
3. Сатҳи таваккали фаъолияти субъектҳои хоҷагидор бо дараҷаи таваккалии баланд, миёна ва паст муайян карда мешавад. Гурӯҳи субъектҳое, ки дараҷаи таваккалиашон баланд мебошад, набояд аз 10 фоиз зиёд бошад. Маълумот оид ба мансубияти субъекти хоҷагидор ба дараҷаи муайяни таваккалӣ ба ҳама дастрас мебошад.
4. Бо мақсади муайян намудани дараҷаи таваккалии пешбишшамудаи қисми 3 ҳамин модда, мақомоти санҷишӣ ба коршинос ё ба ташкилоти экспертӣ муроҷиат менамоянд.
БОБИ 2. РАСМИЁТИ ГУЗАРОНИДАНИ САНҶИШИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ ХОҶАГИДОР
Моддаи 12. Асос барои гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор
1. Асос барои гузаронидани санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидор қарори мутобиқи Қонуни мазкур қабулнамудаи мақоми санҷишӣ оид ба гузаронидани санҷиш мебошад.
2. Қарор дар бораи гузаронидани санҷиш дорои маълумоти зерин мебошад:
- сана ва рақами бақайдгирии қарор дар мақоми санҷишӣ;
- номи мақоми санҷише, ки дар бораи гузаронидани санҷиш қарор қабул намудааст;
- номи пурраи субъекти хоҷагидори санҷидашаванда ё насаб, ном, номи падари соҳибкори инфиродӣ;
- мавзӯъ, мақсад ва объекти мушаххаси санҷиш дар субъекти хоҷагидори мазкур;
- мансаб, насаб, ном, номи падари шахсони санҷишгузаронанда;
- сана ва давомнокии гузаронидани санҷиш;
- давраи санҷиш;
- имзои роҳбари мақоми санҷишӣ;
- муҳри мақоми санҷишӣ.
3. Аз гирифтани қарор саркашӣ намудани роҳбари субъекти хоҷагидор ба ољози санҷиш монеа шуда наметавонад. Роҳбари субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад пас аз гузашти мӯҳлати санҷишӣ дар қарор зикргардида шахсони мансабдори мақомоти санҷишро ба объекти санҷиш роҳ надиҳад, ба истиснои муқаррароти қисми 4 моддаи 26 Қонуни мазкур.
4. Дар асоси як қарор дар бораи санҷиш танҳо як санҷиш гузаронида мешавад.
Моддаи 13. Дафтари бақайдгирии санҷишҳо
1. Бо мақсади таъмини шаффофият санҷишҳои аз ҷониби мақомоти санҷишӣ гузаронидашаванда дар дафтари бақайдгирии санҷишҳо ба қайд гирифта мешаванд. Шахсони масъули мақомоти давлатӣ оид ба санҷишҳои дар доираи назорати прокурорӣ, аудити Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, қонунгузории бонкӣ, мурофиавии ҷиноятӣ, андоз, гумрук ва фаъолияти оперативию ҷустуҷӯӣ амалишаванда, ки тибқи моддаи 4 Қонуни мазкур амали ҳамин Қонун ба онҳо татбиқ намегардад, уҳдадоранд дар дафтари бақайдгирии санҷишҳо оид ба санҷишҳои дар додраи ваколаташон гузаронидашуда қайдҳо гузорад.
2. Шахси мансабдори мақоми санҷишӣ дар ҳолати ворид накардани қайдҳо ба дафтари бақайдгирии санҷишҳо ба санҷиш роҳ дода намешавад. Дар ҳолати гузаронидани санҷиш бе гузоштани қайд дар дафтари бақайдгирии санҷишҳо натиҷаи он беэътибор ҳисобида мешавад.
3. Мақомоти давлатии бақайдгирандаи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ субъектҳои хоҷагидорро бо дафтари бақайдгирии санҷишҳо таъмин менамоянд. Ба дафтари бақайдгирии санҷишҳо маълумот дар бораи санҷишҳои гузаронидашуда ворид карда мешавад.
4. Пас аз супоридани қарор дар бораи гузаронидани санҷиш ба субъекти хоҷагидор ҳар шахси мансабдори мақоми санҷишӣ уҳдадор аст ба дафтари бақайдгирии санҷишҳо маълумоти зеринро ворид ва бо имзои худ тасдиқ намояд:
- асос барои санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидор, сана ва вақти ољоз ва анҷоми он;
- мавзӯъ ва мақсади санҷиш;
- намуди санҷиш;
- насаб, ном, номи падар, рақами шаҳодатномаи хизматӣ, номи мақоме, ки шаҳодатномаро додааст (муҳлати эътибори шаҳодатнома);
- ҳангоми иштироки мутахассиси даъватшуда дар гузаронидани санҷиш насаб, ном, номи падар, инчунин рақами шаҳодатномаи хизматӣ, номи ташкилоте, ки намояндаи он мебошад ва дар сурати мутахассиси мустақил будани ӯ, рақами шаҳодатномаи хизматӣ ва агар фаъолияти мутахассиси даъватшуда бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи иҷозатнома ба роҳ монда шавад, рақами иҷозатнома, номи мақоме, ки иҷозатномаро додааст ва мӯҳлати эътибори иҷозатнома.
5. Роҳбари субъекти хоҷагидор уҳдадор аст, ки дар дафтари бақайдгирии санҷишҳо маълумоти зеринро қайд намояд:
- сана ва вақти анҷоми санҷиш;
- чораҳои андешидаи шахси мансабдори мақоми санҷиши аз рӯи натиҷаҳои санҷиш;
- кӯмаки расонидашудаи машваратӣ; - санади тартибдодашудаи санҷиш;
- мулоҳизаҳои худ аз рӯи натиҷаҳои санҷиши гузаронидашуда дар шаклҳои: "Розиям", "Розӣ нестам", "Бо эродҳо розиям".
6. Шахси мансабдори мақоми санҷишӣ барои саркашӣ аз ворид намудани маълумот оид ба санҷиши гузаронидашаванда дар дафтари бақайдгирии санҷишҳо масъулияти муқаррарнамудаи Қонуни мазкурро бар ӯҳда дорад.
Моддаи 14. Санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор
1. Санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор иборат аст аз:
- машваратдиҳӣ ба субъектҳои хоҷагидор оид ба масъалаҳои коҳиш додани таваккал ва амалигардонии фаъолияти онҳо мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои чорабиниҳои дигаре, ки ба пешниҳоди иттилоот дар хусуси пешгирии риоя накардани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудаанд;
- санҷиши мутобиқати фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- гузаронидани арзёбии иттилоот оид ба фаъолияти субъекти хоҷагидор, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас гардидааст;
- мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистои андешидани чораҳои таъсиррасонӣ нисбати субъектҳои хоҷагидор.
2. Санҷиши фаъолияти иамояндагиҳо ва филиалҳои субъектҳои хоҷагидор тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур дар доираи анҷом додани санҷиши фаъолияти худи субъекти хоҷагидор гузаронида мешавад.
Моддаи 15. Пешниҳоди иттилоот ва машварат
1. Мақомоти санҷишӣ ба субъектҳои хоҷагидор оид ба масъалаҳои мутобиқати фаъолияти онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани меъёрҳои арзёбии дараҷаи таваккал ва бартараф намудани шароити ба ҳуқуқвайронкуниҳо имкониятдиҳанда то ољози санҷиш, дар рафти санҷиш ва пас аз анҷоми санҷиш машварат ва тавсияҳо медиҳанд.
2. Пешниҳоди машварату тавсияҳо инҳоро дар бар мегирад:
- пешниҳоди иттилооти умумӣ ба аҳли ҷомеа;
- посухҳо ба саволҳои хаттӣ ва шифоҳии субъектҳои хоҷагидор, тавассути телефон, дар шакли электронӣ ё дар ҳомили кољази дар раванди гузаронидани машљулиятҳои омӯзиши ё баъди гузаронидани онҳо;
- пешниҳод кардани машварату тавсияҳо ва ёрии методӣ ба субъектҳои хоҷагидор оид ба паст кардани меъёрҳои арзёбии дараҷаи таваккал, пешгирӣ ва бартараф намудани ҳуқуқваиронкуниҳо дар раванди санҷиш.
3. Машварату тавсияҳои ба субъектҳои хоҷагидор пешниҳодшаванда аз нигоҳи ҳуқуқи асоснок, дақиқ ва фаҳмо, дорои мақсади пешгирии ҳуқуқваиронкуниҳо, кам ва бартараф намудани эҳтимолияти таваккалҳо мебошанд.
4. Агар субъекти хоҷагидор мутобиқи машварат ва тавсияи ба тариқи хаттӣ пешниҳоднамудаи мақоми санҷиши амал намояд, пас барои ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат накардани амалҳояш ба ҷавобгарӣ кашида намешавад. Муқаррароти мазкур ба кирдоре, ки дар он аломатҳои таркиби ҷиноят ё ҳуқуқваиронкунии маъмурӣ дида мешаванд, дахл надоранд.
5. Баъди гирифтани машварату тавсияҳои дурусти мақоми санҷишӣ субъекти хоҷагидор амалҳои худро ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ менамояд.
6. Мақомоти санҷишӣ дар сомонаи расмии худ маълумоти зеринро ҷойгир менамоянд:
- санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи масъалаҳои санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор;
- нақшаи ҳарсолаи гузаронидани санҷишҳо;
- маълумот оид ба мансубияти субъекти хоҷагидор ба дараҷаи муайяни таваккалӣ ва инчунин асоснокии гузаронидани онҳо ба ин намуди таваккалҳо.
Моддаи 16. Беэътибории гузаронидани санҷишҳо
Санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар ҳолатҳои зерин беэътибор дониста мешавад:
- аз ҷониби мақоми санҷишӣ ба субъекти хоҷагидор фиристода нашудани огоҳиномаи хаттӣ дар бораи санҷиши гузаронидашаванда ва номгӯи масъалаҳои санҷишӣ;
- ҳангоми гузаронидани санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидор аз ҷониби шахси мансабдори мақоми санҷишӣ ба субъекти хоҷагидор пешниҳод накардани шаҳодатномаи хизматӣ;
- дар сурати набудани сабти шахси мансабдори мақоми санҷишӣ дар дафтари бақайдгирии субъекти хоҷагидор;
- гузаронидани санҷиши аввалини фаъолияти субъекти хоҷагидори навтаъсис, ба истиснои субъектҳои хоҷагидори дараҷаи таваккалнокиашон баланд, дар давоми ду соли аввали фаъолияти он.
Моддаи 17. Намудҳои санҷиш
Санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор аз намудҳои зерин иборат аст:
- нақшавӣ;
- љайринақшавӣ;
- иловагӣ;
- такрорӣ.
Моддаи 18. Санҷиши нақшавӣ
1. Санҷиши нақшавӣ - санҷишест, ки аз ҷониби роҳбари мақомоти марказии санҷиш нисбати субъекти хоҷагидори мушаххас дар асоси нақшаи солонаи гузаронидани санҷишҳои нақшавӣ таъин карда мешавад.
2. Мақомоти санҷишӣ дар ноҳияҳо, шаҳрҳо ва вилоятҳо санҷиши нақшавии фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро мутобиқи нақшаи солонаи гузаронидани санҷишҳои нақшавии аз ҷониби мақомоти марказии санҷиш тасдиқшуда мегузаронанд.
3. Нақшаи солонаи гузаронидани санҷишҳо бо назардошти даврияти санҷишҳои барои ҳар як гурӯҳи таваккалҳо муқарраргардида вобаста ба дараҷаи таваккалӣ фаъолияти ҳар субъекти хоҷагидорӣ мушаххас таҳия карда мешавад.
4. Нақшаи солонаи гузаронидани санҷишҳо аз ҷониби роҳбари мақоми марказии санҷиш барои соли ояндаи тақвимӣ то 1 ноябр дар мувофиқа бо Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ тасдиқ карда шуда, дар сомонаи расмии мақомоти санҷиш ва воситаҳои ахбори омма ҷойгир карда мешавад.
5. Вобаста ба таљйирёбии дараҷаҳои таваккалӣ субъектҳои хоҷагидор мақомоти санҷишӣ ба нақшаи солонаи гузаронидани санҷишҳо бо риояи талаботи мувофиқакунӣ тибқи қисми 4 моддаи мазкур ҳар шашмоҳа як маротиба таљйирот ворид менамоянд.
6. Дар нақшаҳои солонаи гузаронидани санҷишҳо маълумоти зерин дарҷ мегардад:
- номгӯи мақоми санҷишӣ;
- номгӯи шахсони ҳуқуқӣ, насаб, ном ва номи падари соҳибкорони инфиродӣ, ки фаъолияташон мавриди санҷиши нақшавӣ қарор дода мешавад;
- маълумот дар бораи санҷиши қаблии фаъолияти субъекти хоҷагидор;
- асосноккунии ҳуқуқӣ, мавзӯъ ва объектҳои санҷиш;
- сурољаи воқеии объекти гузаронидани санҷиш;
- давраи санҷиш (бо нишон додани санаи ољоз ва анҷоми давра);
- давомнокии санҷиш (бо нишон додани санаи ољоз ва анҷоми санҷиш).
7. Санҷиши якҷоя аз ҷониби мақомоти санҷишӣ танҳо дар доираи нақшаи солонаи мақоми санҷишӣ гузаронида шуда, мақомоти мазкур ӯҳдадоранд қарори алоҳидаро дар бораи таъини санҷиш ба расмият дароранд.
8. Дар ҳолати мавҷуд набудани нақшаи солонаи тасдиқшудаи гузаронидани санҷишҳои нақшавӣ мақоми санҷишӣ барои гузаронидани намуди санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидор, ба истиснои санҷишҳое, ки бо аризаи хаттии худи субъекти хоҷагидор гузаронида мешаванд, ҳуқуқ надорад.
9. Санҷиши нақшавӣ бо риояи талаботи пешбининамудаи қисми 4 моддаи 13 Қонуни мазкур гузаронида мешавад.
Моддаи 19. Санҷиши љайринақшавӣ
1. Санҷиши љайринақшавӣ дар ҳолатҳои зерин гузаронида мешавад:
- бо ташаббуси субъекти хоҷагидор дар асоси аризаи хаттии он;
- ба мақомоти санҷишӣ ворид шудани муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, маълумот аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ оид ба далелҳои расонидан ё эҳтимолияти баланди расонидани зарари ҷиддӣ ба ҳаёт ва саломатии аҳолӣ, муҳити зист, амнияти миллӣ, инчунин ба миён омадани ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ;
- бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо мақсади пешгирии ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодда;
- дар ҳолати мавҷуд будани парвандаи ҷиноятӣ.
2. Аризаи ба мақоми санҷишӣ ирсолгардида, ки тибқи он муайян кардани насаб, ном, номи падар ва маҳалли ҷойгиршавии шахси ба мақоми санҷишӣ муроҷиаткарда љайриимкон аст, барои гузаронидани санҷиш асос шуда наметавонад.
3. Гузаронидани санҷиши љайринақшавӣ бо асосҳои дигар манъ аст.
4. Санҷиши љайринақшавӣ дар асоси қарори (фармоиши, амри) роҳбари мақоми санҷишӣ гузаронида мешавад. Санҷиши љайринақшавӣ танҳо аз рӯи масъалаҳое гузаронида мешавад, ки барои гузаронидани ин намуди санҷиш асос шудаанд. Дар вақти гузаронидани санҷиши љайринақшавӣ мақомоти санҷишӣ уҳдадоранд, ки ба субъекти хоҷагидор оид ба шикоятҳои ҷойдошта маълумоти дақиқ ва асоснок пешниҳод намоянд.
5. Ба санҷидани масъалаҳое, ки асоси гузаронидани санҷиши љайринақшавӣ нестанд ва дар номгӯи саволҳои санҷишӣ пешбинӣ нашудаанд, роҳ дода намешавад.
6. Шумораи санҷишҳои љайринақшавии гузаронидашаванда нисбат ба шумораи умумии санҷишҳои гузаронидашавандаи мақомоти санҷишӣ набояд аз 10 % (фоиз) зиёд бошад. Дар ҳолати аз фоизи муқарраршуда зиёд шудани санҷишҳо онҳо бо розигии Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ гузаронида мешаванд.
7. Агар дар натиҷаи гузаронидани санҷиши љайринақшавӣ муайян карда шавад, ки дар фаъолияти субъекти хоҷагидор камбудиҳои ҷидди ҷой дошта, фаъолияти он мавриди санҷиши нақшавӣ қарор гирифтааст, шахси мансабдоре, ки санҷиши нақшавиро гузаронидааст, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
8. Санҷишҳои љайринақшавӣ бо риояи талаботи пешбининамудаи қисми 4 моддаи 13 Қонуни мазкур гузаронида мешаванд.
Моддаи 20. Санҷиши иловагӣ
1. Санҷиши иловагӣ танҳо дар ҳолати аз натиҷаи санҷиш розӣ набудани субъекти хоҷагидор гузаронида мешавад.
2. Ҳангоми гузаронидани санҷиши иловагӣ гузаронидани санҷиш аз рӯи ҳамаи масъалаҳои санҷиши нақшавӣ манъ аст. Танҳо масъалаҳои дар шикояти субъекти хоҷагидор зикргардида мавриди санҷиши иловагӣ қарор дода мешаванд.
3. Шикояти субъектҳои хоҷагидор бояд дар мӯҳлати на дертар аз 10 рӯзи корӣ аз рӯзи қабули шикоят аз ҷониби мақоми санҷишӣ баррасӣ гардида, нисбати он қарори асоснок қабул карда шавад.
4. Санҷиши иловагӣ бо риояи талаботи пешбининамудаи қисми 4 моддаи 13 Қонуни мазкур гузаронида мешавад.
Моддаи 21. Санҷиши такрорӣ
1. Санҷиши такрорӣ дар доираи талаботи расмӣ дар бораи бартараф кардани камбудиҳои дар раванди санҷиши қаблӣ ошкоргардида гузаронида мешавад.
2. Санҷиши такрорӣ пас аз ба охир расидани муҳлате, ки ба субъекти хоҷагидор барои бартараф кардани камбудиҳо дода шудааст, на дертар аз 10 рӯзи ба охир расидани муҳлати зикршуда ва танҳо нисбати камбудиҳои ислоҳшуда гузаронида мешавад.
3. Субъекти хоҷагидор бо дархости мақоми санҷишӣ дар бораи камбудиҳои ислоҳшуда маълумот пешниҳод менамояд.
4. Қарор дар бораи гузаронидани санҷиши такрорӣ танҳо дар ҳолати мавҷуд будани дараҷаи эҳтимолияти расонидани зарари назаррас ба ҳаёт ва саломатии аҳолӣ ва муҳити зист аз ҷониби роҳбари мақоми санҷишӣ қабул карда мешавад.
5. Мақоми санҷишӣ субъекти хоҷагидорро дар бораи гузаронидани санҷиши такрорӣ дар муҳлати се рӯзи корӣ пеш аз ољози санҷиши такрорӣ огоҳ менамояд.
6. Ҳангоми муроҷиат намудани субъекти хоҷагидор ба мақомоти санҷишӣ дар бораи гузаронидани санҷиши такрорӣ қарори роҳбари мақоми санҷишӣ дар бораи санҷиш бояд дар давоми се рӯзи корӣ аз лаҳзаи ворид гардидани чунин муроҷиат қабул карда шавад.
7. Санҷиши такрорӣ бо риояи талаботи пешбининамудаи қисми 4 моддаи 13 Қонуни мазкур гузаронида мешавад.
Моддаи 22. Даврияти санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор
1. Санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, ба истиснои санҷшнҳои љайринақшавӣ, танҳо бо назардошти дараҷаи таваккалнокӣ, ки тибқи моддаи 11 Қонуни мазкур муайян карда шудааст, гузаронида мешавад.
2. Вобаста ба дараҷаи таваккалнокӣ санҷишҳои нақшавӣ мутобиқи даврияти зерин гузаронида мешаванд:
- на зиёда аз ду маротиба дар як сол барои субъектҳои хоҷагидори дараҷаи таваккалнокиашон баланд;
- на зиёда аз як маротиба дар се сол барои субъектҳои хоҷагидори дараҷаи таваккалнокиашон миёна;
- на зиёда аз як маротиба дар панҷ сол барои субъектҳои хоҷагидори дараҷаи таваккалнокиашон паст.
3. Даврияти санҷишҳои объектҳои мушаххас бо назардошти дараҷаи таваккалнокии он аз ҷониби мақомоти санҷишӣ дар нақшаи солонаи гузаронидани санҷишҳо муайян мегардад.
4. Санҷиши нақшавии аввалини фаъолияти субъекти хоҷагидори навтаъсис, ба истиснои субъектҳои хоҷагидори дараҷаи таваккалнокиашон баланд, танҳо баъди сипарӣ гардидани ду сол пас аз лаҳзаи бақайдгирии давлатии он гузаронида шуда, ду соли аввали фаъолияти субъекти мазкур мавриди санҷиш қарор дода намешавад.
5. Агар то гузаштани муҳлати дар қисми 4 ҳамин модда нишондодашуда фаъолияти субъекти хоҷагидор қатъ гардад (аз нав ташкил карда ё барҳам дода шавад), фаъолияти молиявии субъекти хоҷагидор, намояндагиҳо ва филиалҳои он дар доираи санҷиши фаъолияти худи субъекти хоҷагидор гузаронида мешавад.
6. Мавзӯи санҷиши як мақоми санҷишӣ наметавонад аз ҷониби мақоми дигари санҷишӣ такрор карда шавад ва чунин санҷиш метавонад дар асосҳои зерин гузаронида шавад:
- аризаи худи субъекти хоҷагидор;
- хабари мақоме, ки оид ба азнавташкилдиҳӣ ё барҳамдиҳии субъекти хоҷагидор қарор қабул кардааст;
- иттилооти мақоме, ки азнавташкилдиҳӣ ё барҳамдиҳии шахси ҳуқуқиро амалӣ намудааст.
7. Дар давоми ду соли аввали фаъолияти субъекти хоҷагидор чораҳои муҷозот нисбати он метавонанд танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ истифода шаванд, агар фаъолияти субъекти мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо воситаҳои дигар таъмин шуда натавонад ва танҳо дар ҳолати зарурат ва ногузир будани пешгирии расонидани зарар ба ҳаёт ва саломатии аҳолӣ ё муҳити зист, дар ҳолате ки чунин зарар таҳдиди ҷиддӣ дошта бошад.
8. Дар ҳолати ташрифи шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ тибқи муқаррароти қисми 1 ҳамин модда маълумоти зарурӣ бо риояи талаботи пешбининамудаи қисми 4 моддаи 13 Қонуни мазкур дар дафтари бақайдгирии санҷишҳо сабт карда мешавад.
Моддаи 23. Машваратдиҳӣ ва расонидани кумаки методӣ ба субъекти хоҷагидори навтаъсис
1. Шахсони мансабдори мақоми санҷишӣ ба субъекти хоҷагидори навтаъсис дар давоми ду соли аввали фаъолияти он танҳо барои додани машварат ва расонидани кӯмаки методӣ оид ба масъалаҳои мавзӯи санҷиши онҳо ташриф меоранд.
2. Дар мӯҳлати озодкунӣ аз санҷишҳои пешбининамудаи қисми 4 моддаи 22 Қонуни мазкур субъекти хоҷагидори навтаъсис аз иҷрои ӯҳдадориҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки риояи онҳо мутобиқи ҳамин Қонун бояд санҷида шаванд, озод карда намешавад.
Моддаи 24. Огоҳинома дар бораи санҷиш
1. Бо мақсади гузаронидани санҷиш, ба истиснои гузаронидани санҷиш бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми санҷишӣ субъекти хоҷагидорро аз санҷиши гузаронидашаванда дар мӯҳлати панҷ рӯзи корӣ қабл аз ољози санҷиш ба таври хаттӣ огоҳ менамояд. Огоҳиномаи хаттӣ шарти асосии гузаронидани санҷиш буда, мақомоти санҷишӣ на дертар аз даҳ рӯзи корӣ аз рӯзи қабули огоҳинома ҳуқуқи ољоз намудани санҷишро доранд.
2. Дар огоҳинома дар бораи гузаронидани санҷиш масъалаҳои зерин бояд зикр карда шаванд:
- номи мақоми санҷишӣ, насаб, ном, номи падари шахси мансабдори мақоми санҷишӣ ва сурољаи маҳалли зисти он, рақами шаҳодатномаи хизматӣ;
- асос барои гузаронидани санҷиш;
- мавзуъ, мақсад ва объектҳои санҷиш;
- санаи ољоз ва анҷоми гузаронидани санҷиш;
- номи субъекти хоҷагидоре, ки фаъолияти он мавриди санҷиш қарор дода мешавад.
3. Огоҳинома ба роҳбари субъекти хоҷагидор ё ба шахси ваколатдор шахсан ё тавассути почта бо мактуби фармоишӣ ва огоҳиномаи почта ё мустақиман бо имзо супорида мешавад. Роҳбар ё шахси ваколатдори субъекти хоҷагидор баъди гирифтани огоҳинома вазифадор аст дар объекти санҷидашаванда дар вақти барои ољози санҷиш таъингардида ҳозир бошанд.
4. Агар субъекти хоҷагидор бо сабабҳои узрнок ољози санҷишро дар рӯз ва вақти дар огоҳинома муқарраргардида таъмин карда натавонад, он уҳдадор аст ба мақоми санҷишӣ дар ин хусус на дертар аз ду рӯз то ољози санҷиш хабар дода, сана ва вақти барои тарафҳо мувофиқро барои ољози санҷиш мувофиқа намояд.
5. Субъекти хоҷагидор дар сурати нагирифтани огоҳинома дар бораи гузаронидани санҷиш ҳуқуқ дорад шахси мансабдори мақоми санҷишро барои гузаронидани санҷиш роҳ надиҳад.
6. Агар мақоми санҷишӣ субъекти хоҷагидорро дар бораи санҷиши гузаронидашаванда ба таври хаттӣ огоҳ насозад, қарор аз рӯи натиҷаҳои санҷиш беэътибор буда, оқибати ҳуқуқӣ надорад.
Моддаи 25. Номгӯи масъалаҳои назоратие, ки аз рӯи онҳо санҷиш гузаронида мешавад
1. Санҷиш тибқи номгӯи масъалаҳои назоратие, ки аз ҷониби мақомоти санҷишӣ мутобиқи талаботи муқаррарнамудаи Қонуни мазкур тасдиқ шудааст, гузаронида мешавад.
2. Номгӯи масъалаҳои назоратие, ки аз рӯи онҳо санҷиш гузаронида мешавад, ба субъекти хоҷагидор ҳамзамон бо огоҳинома дар бораи санҷиш супорида мешавад. Ба субъекти хоҷагидор насупоридани номгӯи масъалаҳои назоратӣ ҳамзамон бо огоҳинома дар бораи санҷиш боиси беэътибор гардидани қарор аз рӯи натиҷаҳои санҷиш мегардад.
3. Санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидор аз рӯи номгӯи масъалаҳои назоратӣ гузаронида шуда, аз доираи он баромадан манъ аст. Номгӯи масъалаҳои назоратӣ бояд талаботи асосии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар гирад, ки метавонанд ба ҳаёт ва саломатии одамон, бехатарии ҷамъиятӣ, моликият, ҳифзи муҳити зист таҳдид кунанд ё зарари бевоситаи назаррас расонанд.
4. Ҳангоми таҳияи номгӯи масъалаҳои назоратӣ мақомоти санҷиши метавонанд бо субъектҳои хоҷагидор ё ассотсиатсияҳои дахлдор барои ба инобат гирифтани ақидаи онҳо машварат мегузаронанд.
5. Номгӯи масъалаҳои назоратӣ ҳар сол бояд бо назардошти таљйирот дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таклифҳои пешниҳоднамудаи шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ ва субъектҳои хоҷагидор аз нав дида баромада шавад.
6. Масъалаҳо дар номгӯи масъалаҳои назоратӣ барои риояи минбаъдаи онҳо аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор бояд дақиқ, возеҳ ва дастрас ифода карда шаванд.
7. Номгӯи масъалаҳои назоратӣ қисми ҷудонашавандаи санади санҷиш буда, бояд дар сомонаи расмии мақоми санҷишӣ ҷойгир карда шавад.
Моддаи 26. Давомнокӣ ва мӯҳлати гузаронидани санҷиш
1. Мӯҳлати гузаронидани санҷиши молиявии фаъолияти шахси ҳуқуқӣ набояд аз бист рӯзи корӣ зиёд бошад.
2. Муҳлати гузаронидани санҷиши молиявии фаъолияти соҳибкори инфиродие, ки фаъолияти худро дар асоси шаҳодатнома амалӣ менамояд, набояд аз панҷ рӯзи корӣ ва соҳибкори инфиродие, ки фаъолияти худро дар асоси патент амалӣ менамояд, набояд аз ду рӯзи тақвимӣ зиёд бошад.
3. Санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар мӯҳлати на зиёдтар аз 10 рӯзи кори барои субъектҳои соҳибкории калон, 5 рӯзи кори барои субъектҳои соҳибкории миёна ва 2 рӯзи корӣ барои субъектҳои соҳибкории хурд гузаронида мешавад.
4. Дар ҳолатҳои истисноӣ ба монанди фалокат, беморӣ, фавти шахси масъул ва ҳолатҳои дигари рафънопазир - бо қарори роҳбари мақоми санҷишӣ муҳлати пешбининамудаи қисмҳои 1, 2 ва 3 ҳамин модда як маротиба ба муҳлати на зиёда аз сеяки муҳлати асосии гузаронидани санҷиш тамдид карда мешавад. Дар сурати мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дар хусуси тамдиди муҳлати мазкур санҷиши минбаъдаи фаъолияти субъекти хоҷагидор манъ аст.
5. Санҷиш танҳо дар вақти кори ва рӯзҳои кории субъекти хоҷагидор гузаронида мешавад, ба истиснои санҷиши љайринақшавӣ.
Моддаи 27. Манъи такроран гузаронидани санҷиш аз тарафи мақомоти санҷиши сатҳи гуногун ё мақомоти дигари санҷиш
1. Гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор аз рӯи масъалаҳое, ки қаблан аз ҷониби мақоми санҷиши сатҳи дигар ё мақоми дигари санҷиши дар давраи санҷиш муқарраргардида гузаронида шудааст, манъ аст.
2. Мақоми санҷишӣ салоҳияти ҳар яке аз сатҳҳои мақомоти санҷишро оид ба гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор муайян менамояд.
3. Дар ҳолате, ки санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидор аз ҷониби мақоми санҷиши як сатҳ (ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ё ноҳиявӣ) гузаронида шавад, ба мақоми санҷиши сатҳи дигар гузаронидани санҷиши ҳамон як субъекти хоҷагидор манъ аст.
4. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набояд санҷишҳои аз ҷониби мақомоти дигари санҷиш гузаронидашударо такроран гузаронанд, ба истиснои талаботи пешбининамудаи сархати чоруми қисми 1 моддаи 19 Қонуни мазкур.
Моддаи 28. Анҷоми санҷиш
1. Баъди анҷоми санҷиш, сарфи назар аз натиҷаҳои он, шахси мансабдори мақоми санҷишӣ санад тартиб дода, дар он маълумоти зеринро қайд менамояд:
- маҳалли гузаронидани санҷиш, санаи таҳияи санад;
- мавзӯи санҷиш;
- вазифа, насаб, ном, номи падари шахсони мансабдори мақоми санҷишӣ, ки санҷиш гузаронидаанд;
- насаб, ном, номи падари соҳибкори инфиродии санҷидашуда ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ;
- маълумот оид ба санҷиши қаблӣ;
- давраи санҷидашаванда ва маълумоти умумӣ оид ба ҳуҷҷатҳое (объектҳое), ки субъекти хоҷагидор барои гузаронидани санҷиш пешниҳод намудааст;
- натиҷаҳои санҷиш;
- дар ҳолати ошкор гардидани камбудиҳо - шарҳи муфассали онҳо бо истинод бамеъёри дахлдори санади меъёрии ҳуқуқи.
2. Анҷоми санҷиш рӯзи ба субъекти хоҷагидор супоридани санади санҷиш ё санаи ба он фиристодани санади санҷиш бо мактуби фармоиши ва огоҳинома, лекин на дертар аз панҷ рӯзи корӣ аз муҳлати дар қарор зикргардида, ҳисобида мешавад.
3. Ба санади санҷиш нусхаҳои зарурии ҳуҷҷатҳо, ҳисобҳои анҷомдодаи шахси мансабдори мақоми санҷиши ва маводи дигари дар раванди санҷиши гузаронидашуда бадастомада замима карда мешаванд.
4. Санади санҷиш ба миқдори на кам аз ду нусха таҳия гардида, аз ҷониби шахси мансабдори мақоми санҷишӣ, ки санҷиши дахлдорро гузаронидааст, имзо карда мешавад.
5. Як нусхаи санади санҷиш ба субъекти хоҷагидор дар давоми панҷ рӯзикорӣ супурда мешавад. Ҳангоми гирифтани санади санҷиш роҳбари субъекти хоҷагидор уҳдадор аст, ки дар нусхаи дигари санад дар хусуси гирифтани он қайд ворид намуда, имзо гузорад.
6. Агар роҳбари субъекти хоҷагидор гирифтани санади санҷиширо рад намуда бошад, дар ин бора дар нусхаи санади санҷишӣ барои мақомоти санҷишӣ пешбинигардида қаид ворид намуда, бо имзои шахси мансабдори санҷиши дахлдорро анҷомдода тасдиқ карда мешавад. Дар чунин ҳолат санади санҷиш бо мактуби фармоишӣ ва огоҳинома ба субъекти хоҷагидор фиристода мешавад.
7. Дар сурати ошкор гардидани содиршавии ҷиноят дар рафти фаъолияти субъекти хоҷагидор нусхаи санад ва маводи натиҷаи санҷиш аз рӯи тобеият барои қабули қарор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи дахлдор фиристонида мешаванд.
Моддаи 29. Қарор аз рӯи натиҷаҳои санҷиш
1. Баъди анҷоми ҳар як санҷиш дар асоси натиҷаҳое, ки дар санади санҷиш дарҷ гардидаанд, мақоми санҷишӣ бо имзои роҳбар ё шахси ивазкунандаи у аз рӯи натиҷаҳои санҷиш қарор қабул менамояд, ки он дар муҳлати панҷ рӯзи корӣ баъди рӯзи анҷоми санҷиш ба субъекти хоҷагидор дода мешавад.
2. Қарор бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:
- сана ва рақами бақайдгирии қарор ва санади санҷиш;
- насаб, ном, номи падари соҳибкори инфиродӣ ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ;
- мавзӯи санҷиши гузаронидашуда;
- чораи андешидашаванда, агар камбудиҳо ошкор гардида бошанд;
- талабот оид ба рафъи камбудиҳои ошкоргардида дар сурати ошкор гардидани онҳо;
- муҳлат, маҳал ва тартиби шикоят овардан нисбат ба қарор.
3. Дар ҳолати ошкор нагардидани камбудиҳо баъди анҷоми санҷиш ба қарор қайди дахлдор ворид карда мешавад.
4. Қарор аз рӯи натиҷаҳои санҷиш дар ҳолатҳое, ки дар моддаи 16 Қонуни мазкур пешбинӣ гардидаанд, беэътибор дониста мешавад.
5. Аз рӯи натиҷаи гузаронидани санҷиш мақомоти санҷишӣ ҳар шашмоҳа ба Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ дар бораи санҷишҳои гузаронидашуда маълумоти дахлдор пешниҳод менамояд.
Моддаи 30. Муваққатан боздоштани фаъолияти субъекти хоҷагидор
1. Дар рафти санҷиш ҳангоми мавҷуд будани асосҳои зерин шахси мансабдори мақоми санҷишӣ дар бораи муваққатан боздоштани фаъолияти субъекти хоҷагидор қарор қабул менамояд:
- ошкор гардидани анҷоми фаъолияти субъекти хоҷагидор, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ набуда, бевосита боиси хатари ҷиддӣ гардида, метавонад ба ҳаёт ва саломатии аҳолӣ ва муҳити зист зарар расонад;
- таҳдиди дар натиҷаи амалӣ намудани фаъолият ба миён омада, ки бо назардошти ногузирии хатар ва бузургии эҳтимолияти он дар сурати имкон надоштани субъекти хоҷагидор барои тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудани фаъолияти худ онро бояд фавран боздорад.
2. Шахси мансабдори мақоми санҷишӣ бояд танҳо он фаъолияти субъекти хоҷагидорро муваққатан боздорад, ки боиси расонидани
зарари назаррас ба ҳаёт ва саломатии аҳолӣ ё муҳити зист шуда метавонад.
3. Дар ҳолати муваққатан боздоштани фаъолияти субъекти хоҷагидор чораҳои гузоштани мӯҳр (штамп), суратгирӣ, банаворгирӣ ва дигар усулҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, метавонанд истифода карда шаванд.
4. Муҳлати дар қарор оид ба муваққатан боздоштани фаъолияти субъекти хоҷагидор қайдгардида набояд аз се моҳ зиёд бошад.
5. Қарор дар бораи муваққатан боздоштани фаъолияти субъекти хоҷагидор маълумоти зеринродар бар мегирад:
- сана ва рақами қарор;
- номи мақоми санҷишӣ ва номи субъекти хоҷагидор;
- асос барои муваққатан боздоштани фаъолияти субъекти хоҷагидор;
- номгӯи фаъолияти боздошташуда;
- номгӯй ва миқдори молу мулк, таҷҳизот барои истеҳсолот;
- чораҳое, ки бояд барои бартараф кардани ҳуқуқвайронкунӣ андешида шаванд;
- муҳлат барои бартараф намудани ҳуқуқвайронкунӣ ва муҳлате, ки фаъолияти субъекти хоҷагидор муваққатан боздошта мешавад.
6. Шахси мансабдбри мақоми санҷишӣ, ки дар бораи муваққатан боздоштани фаъолияти субъекти хоҷагидор қарор қабул кардааст, роҳбари мақоми санҷишро дар ин хусус огоҳ менамояд.
7. Субъекти хоҷагидор метавонад аз рӯи қарор дар бораи муваққатан боздоштани фаъолияти субъекти хоҷагидор ба суд, мақомоти прокуратура ё ба тариқи маъмурӣ шикоят намояд.
8. Дар ҳолате, ки субъекти хоҷагидор камбудиҳои ошкоргардидаро пеш аз муҳлати дар қарор дар бораи муваққатан боздоштани фаъолияти субъекти хоҷагидор зикргардида бартараф намояд, роҳбари мақоми санҷиши дар давоми 3 рӯз аз лаҳзаи қабули аризаи субъекти хоҷагидор дар бораи барқарор намудани фаъолият тибқи аризаи он қарор қабул менамояд.
Моддаи 31. Гирифтани намунаҳо барои гузаронидани ташхис
1. Гирифтани намунаҳои маҳсулот барои гузаронидани ташхис танҳо дар ҳолати љайриимкон будани муайянкунии масъалаи бехатарии маҳсулот аз рӯи натиҷаи муоинаи он амали карда мешавад. Дар ин ҳолат мақоми санҷишӣ дар бораи гирифтани намунаҳо санад тартиб медиҳад, ки дар он ҳолатҳои зерин нишон дода мешаванд:
- маҳал ва санаи тартиб додани он;
- номгӯй ва маҳалли ҷоигиршавии субъекти санҷидашаванда, ки намунаи маҳсулоти он гирифта мешавад;
- мансаб, насаб, ном ва номи падари шахси ваколатдори субъекти хоҷагидори санҷидашаванда;
- мансаб, насаб, ном ва номи падари шахси мансабдоре, ки намунаи маҳсулотро мегирад;
- асос ва талабот барои гирифтани намунаи маҳсулот;
- номгӯй ва миқдори намунаи маҳсулоти гирифташуда бо зикр кардани истеҳсолкунанда, санаи истеҳсол, силсилаи (рақами) дастаи мол, арзиши умумии намунаҳо;
- сана ва вақти гирифтани намунаи маҳсулот.
2. Мақоми санҷишӣ гирифтани намунаҳоро ба миқдоре, ки ҳуҷҷатҳои меъёрию техникии маҳсулот барои гузаронидани ташхис муқаррар намудаанд, амалӣ менамояд.
3. Санади гирифтани намунаҳои маҳсулот дар се нусха тартиб дода мешавад. Ҳамаи нусхаҳои санад аз ҷониби шахси мансабдори тартибдода, ки намунаи маҳсулотро гирифтааст ва роҳбар ё намояндаи субъекти хоҷагидори санҷидашаванда имзо карда мешаванд. Як нусхаи санади гирифтани намунаи маҳсулот бо роҳхат ва намунаи маҳсулоти бо тартиби муқарраргардида гирифташуда ба ташкилоте фиристода мешавад, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани ташхис ваколатдор шудааст. Нусхаи дуюми санади гирифтани намунаи маҳсулот дар ихтиёри субъекти хоҷагидор мемонад. Нусхаи сеюми санади гирифтани намунаи маҳсулотро шахси мансабдори мақоми санҷишӣ, ки намунаи маҳсулотро гирифтааст, нигоҳ медорад. Фурӯш ва ба муомилот баровардани молу маҳсулоте, ки аз он барои ташхис намуна гирифта шудааст, то муайян гардидани натиҷаи ташхис манъ аст.
4. Шароити нигоҳдорӣ ва ҳамлу нақли намунаи маҳсулоти гирифташуда набояд нишондиҳандаҳоеро, ки аз рӯи онҳо ташхиси намунаҳо гузаронида мешавад, таљйир диҳад. Шахси мансабдори мақоми санҷишӣ, ки намунаи маҳсулотро барои озмоиш гирифтааст, амният ва сари вақт ба ҷойи гузаронидани ташхис расонидани онро таъмин менамояд. Субъекти хоҷагидори санҷидашаванда ҳуқуқ дорад ҳангоми гирифтани намунаҳо норозигӣ изҳор намояд.
5. Дар ҳолати номураттабии раванди муътадили истеҳсолот, ки бо гирифтани намунаи маҳсулот алоқаманд аст, намунаи маҳсулот пас аз гузаронидани ташхис бояд баргардонида шавад.
6. Хароҷоти марбут ба гирифтани намунаи маҳсулот аз тарафи мақоми санҷишӣ маблаљгузорӣ карда мешавад. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба масъалаҳои молиявӣ расмиёти амалӣ намудани пардохти хароҷоти марбут ба гирифтани намунаи маҳсулотро тасдиқ менамояд.
7. Дар ҳолати бо натиҷаҳои ташхис тасдиқ гардидани далели вайронкунии талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби субъекти хоҷагидор, он вазифадор аст, ки хароҷоти марбут ба гузаронидани ташхисро мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн намояд.
8. Мақомоти санҷишӣ бояд хулосаи мақомоти дигари санҷиш ва натиҷаи ташхисро, ки дар озмоишгоҳҳои аккредитатсияшудаи мақомоти санҷишӣ гузаронида шудааст, эътироф намоянд.
БОБИ 3. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ СУБЪЕКТҲОИ ХОҶАГИДОР ВА ШАХСОНИ МАНСАБДОРИ МАҚОМОТИ САНҶИШӢ
Моддаи 32. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои хоҷагидор
1. Субъектҳои хоҷагидор ҳуқуқ доранд:
- дар бораи санҷиши гузаронидашаванда маълумот гиранд;
- аз шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ асосҳои гузаронидани санҷишро талаб намоянд, бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти узви гурӯҳи санҷишӣ шинос шаванд;
- шахсонеро, ки дар бораи гузаронидани санҷиш қарори дахлдор надоранд ва ё онҳо дар дафтари бақайдгирии санҷишҳо маълумоти дахлдор ворид накардаанд ва ё муҳлати дар қарор зикргардидаи онҳо фаро нарасида ва ё гузаштааст, ба санҷиш роҳ надиҳанд;
- талаботи шахсони мансабдори мақомоти санҷишро оид ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти онҳо мансуб нестанд, иҷро накунанд ва онҳоро бо маводе, ки ба мавзӯи санҷиш дахл надоранд, шинос накунанд;
- аз мақомоти санҷишӣ нусхаи санади санҷишро дар давоми панҷ рӯзи корӣ баъди анҷоми санҷиш талаб намоянд ва гиранд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мақоми санҷишӣ ҷуброни зиёни дар натиҷаи амалҳои љайриқонунии шахсони мансабдори он ҳангоми гузаронидани санҷиш расонидашударо талаб намоянд;
- ба шахси мансабдори мақоми санҷишӣ шарҳу эзоҳро оид ба масъалаҳои вобаста ба санҷиш ва натиҷаҳои он пешниҳод кунанд;
- бо тартибн муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати натиҷаҳои санҷиш шикоят намоянд;
- бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худ дар раванди гузаронидани санҷиш ва аз рӯи натиҷаҳои он мутахассисон ва намояндагони ассотсиатсияҳоеро, ки аъзои онҳо мебошанд, инчунин дигар ташкилоти ҷамъиятиро ҷалб намоянд.
2. Субъектҳои хоҷагидор уҳдадоранд:
- шахсони мансабдори мақомоти санҷишро дар сурати доштани қарор дар бораи гузаронидани санҷиш ва аз ҷониби онҳо пешниҳод гардидани шаҳодатномаи хизматӣ ва ворид намудани сабтҳои дахлдор ба дафтари бақайдгирии санҷишҳо ба объектҳои дахлдори санҷиш роҳ диҳанд;
- дар асоси талаботи асосноки шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ мавод ва ҳуҷҷатҳоеро, ки барои гузаронидани санҷиш зарур мебошанд, пешниҳод намоянд;
- қарорҳои мақомоти санҷишро дар бораи дар муҳлатҳои муқарраршуда бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳо, ба истиснои ҳолатҳои пешниҳод намудани шикоят аз рӯи қарори мақоми санҷишӣ, иҷро намоянд;
- ба шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ дар иҷрои ӯҳдадориҳои хизматии онҳо мусоидат намоянд;
- ба ољози санҷиш дар сана ва дар вақти муқарраргардида монеъ нашаванд;
- бо тартиби муқарраргардида ба дафтари бақайдгирии санҷишҳо маълумоти дахлдор ворид намоянд.
Моддаи 33. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ
1. Шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ ҳуқуқ доранд:
- ба ҳудуди объектҳои субъекти хоҷагидор бо ҳамроҳии намояндаи субъекти хоҷагидор ворид шаванд;
- аз субъекти хоҷагидори санҷидашаванда ҳуҷҷатҳои заруриеро, ки бевосита бо гузаронидани санҷиш алоқаманданд, талаб намуда, аз онҳо иқтибос ва нусха гиранд;
- аз роҳбари субъекти хоҷагидор оид ба масъалаҳои вобаста ба мавзӯи санҷиши фаъолияти он баёноти хаттӣ талаб намоянд;
- намунаҳоро дар асоси санади хаттии тартибдодаи тарафҳо ба миқдоре, ки барои гузаронидани санҷиш зарур аст, гиранд ва новобаста ба намуди намуна, онҳоро баъди анҷоми санҷиш дар асоси уҳдадории хаттӣ баргардонанд;
- ба ҷараёни санҷиши субъекти хоҷагидорӣ коршиносону (мутахассисону) машваратчиёнро ҷалб намоянд.
2. Шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ ҳангоми гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор уҳдадоранд:
- қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуқуқҳои субъекти хоҷагидорро риоя намоянд;
- санҷишҳоро бо тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур гузаронанд;
- ба субъектҳои хоҷагидори санҷидашаванда қарор дар бораи гузаронидани санҷиш, шаҳодатномаи хизматӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намоянд;
- бо тартиби муқарраргардида ба дафтари бақайдгирии санҷишҳо маълумот ворид намоянд;
- то ољози санҷиш ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои хоҷагидори санҷидашаванда, инчунин ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худро вобаста ба гузаронидани санҷиш фаҳмонида диҳанд;
- ба иштирок намудани намояндагони субъекти хоҷагидор ҳангоми гузаронидани санҷиш монеъ нашаванд ва оид ба масъалаҳои вобаста ба мавзӯи санҷиш ба онҳо шарҳ диҳанд;
- нигоҳдории миқдор ва сифати ҳуҷҷатҳо, намунаҳои таҷрибавӣ ва маводи дигари муваққатан гирифташуда, инчунин сари вақт баргардонидани онҳоро таъмин намоянд;
- мавзуъ ва моҳияти камбудиҳои ошкоргардида ва чораҳои бартараф намудани онҳоро ба субъектҳои хоҷагидор шарҳ дода, ба пинҳон кардани онҳо роҳ надиҳанд;
- барои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор монеъ нашаванд;
- аз ҳудуди субъекти хоҷагидори санҷидашаванда ҳуҷҷатҳои санҷидашавандаро берун набароранд;
- ба субъектҳои хоҷагидори санҷидашуда доир ба бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида дастурҳои асосноки иҷрояшон ҳатмиро диҳанд;
- риояи сирри давлатӣ, тиҷоратӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшавандаро таъмин намоянд.
Моддаи 34. Маҳдудиятҳо ҳангоми гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор
Ба мақомоти санҷишӣ ва шахсони мансабдори онҳо манъ мебошад:
- дахолат намудан ба фаъолияти субъектҳои хоҷагидор оид ба масъалаҳои ба мавзӯи санҷиш вобастанабуда;
- аз субъектҳои хоҷагидор дар шакли нақдӣ ситонидани пардохтҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ҷаримаҳо, фоизҳо;
- истифода бурдани далелҳои вуҷуд доштани камбудиҳо ҳамчун асос барои дахолат ё маҳдуд намудани фаъолияти субъектҳои хоҷагидор;
- анҷом додани амалҳое, ки ба фаъолияти истеҳсолию тиҷоратии субъектҳои хоҷагидор монеъ мешаванд;
- гузаронидани санҷиш тибқи асосҳое, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ нашудаанд ва бе қарор оид ба гузаронидани санҷиш;
- гузаронидани санҷиш нисбати субъектҳои хоҷагидор, ки ба шахси мансабдори мақоми санҷишӣ муносибатҳои хешутаборӣ доранд;
- гузаронидани санҷиш ҳангоми набудани роҳбар ё намояндаи ваколатдори субъекти хоҷагидор;
- талаб намудани ҳуҷҷатҳо, иттилоот, маълумот, намунаи маҳсулот, иёргирии озмоиши объектҳои муҳити атроф ва объектҳои муҳити истеҳсолот, агар онҳо объекти санҷиш ё ба мавзӯи санҷиш алоқаманд набошанд, инчунин мусодира намудани нусхаи аслии чунин ҳуҷҷатҳо;
- гирифтани намунаҳои маҳсулот, иёргирии озмоиши объектҳои муҳити атроф ва объектҳои муҳити истеҳсолот барои гузаронидани таҳқиқот, озмоиш, ченкунии онҳо бе тартиб додани протоколҳо оид ба гирифтани намунаҳои зикргардида, иёргирӣ аз рӯи намунаи муқарраргардида ва зиёда аз миқдори муқаррарнамудаи стандартҳои миллӣ, қоидаҳои гирифтани намуна, иёргирӣ ва усулҳои таҳқиқ, озмоиш, ченкунии онҳо ва регламентҳои техникӣ;
- паҳн намудани маълумоте, ки дар натиҷаи гузаронидани санҷиш дастрас шудааст ва он дорои сирри давлатӣ, тиҷоратӣ, хизматӣ ва дигар сирри бо қонун ҳифзшаванда мебошад, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- аз муҳлати муқарраргардида зиёд гузаронидани санҷиш;
- ба субъектҳои хоҷагидор додани дастур ё пешниҳод дар бораи аз ҳисоби онҳо гузаронидани чорабиниҳои марбут ба санҷиш.
БОБИ 4. НАҚШАИ СОЛОНА, ҲИСОБОТДИҲӢ, ОМУЗИШ ВА АРЗЁБИИ ФАЪОЛИЯТИ ШАХСОНИ МАНСАБДОРИ МАҚОМОТИ САНҶИШӢ
Моддаи 35. Нақшаи солонаи гузаронидани санҷишҳои нақшавӣ
1. Мақомоти санҷишӣ дар асоси таҳлили дараҷаи ҷойдоштаи мутобиқати фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дониши субъектҳои хоҷагидор оид ба амалӣ намудани фаъолияти худ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, арзёбии дараҷаи таваккалнокии фаъолияти субъекти хоҷагидор, сабабҳои риоя нагардидан ё ба таври зарурӣ риоя нагардидани талабот нисбати субъектҳои хоҷагидор муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар асоси тадбирҳои қаблан андешидашуда ҷиҳати пешгирии қонунвайронкунӣ, чораҳои таъсиррасонӣ ва меъёрҳои риоянашавандаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти санҷишӣ нақшаи солонаи гузаронидани санҷишҳои нақшавиро таҳия менамоянд.
2. Дар нақшаҳои солонаи гузаронидани санҷишҳо афзалиятҳо ва нақшаҳои соли оянда барои мавзӯи санҷиш зикр карда мешаванд.
3. Дар нақшаҳои солонаи гузаронидани санҷишҳои нақшавӣ маълумоти зерин зикр карда мешавад:
- арзёбии таваккалҳои асосӣ дар ҳар як соҳаи санҷиш;
- арзёбии миқдори санҷишҳои нақшавие, ки аз ҷониби мақомоти санҷишӣ гузаронида мешаванд;
- арзёбии миқдор ва намудҳои тадбирҳои машваратӣ ва иттилоотии аз тарафи мақомоти санҷишӣ андешидашаванда.
Моддаи 36. Ҳисоботдиҳии мақоми санҷишӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дигар мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ки мақоми санҷишӣ дар нақшаи идоракунии он қарор дорад, ҳар сол мақсадҳои стратегӣ ва вазифаҳои солонаи мақомоти санҷишро муайян намуда, арзёбии фаъолиятро дар асоси нишондиҳандаҳои зерин мегузаронад:
- дараҷаи хатарнокӣ ё рӯйдодҳо (нишондиҳандаҳои фавт, харобшавӣ, партовҳо, ифлосшавӣ ва дигар нишондиҳандаҳо) дар соҳаи санҷидашаванда ва динамикаи нишондиҳандаҳои мазкур;
- нишондиҳандаҳои фаъолият, ки шумораи санҷишҳо, машваратҳо, тренингҳои гузаронидашуда ва натиҷаҳои онҳоро нишон медиҳанд;
- нишондиҳандаҳои афкори умум;
- натиҷаҳои пурсиши ҷомеа, ки дарккунӣ ва арзёбии иттиҳодҳои соҳибкорон, ташкилотҳои ҷамъиятиро оид ба арзёбии фаъолияти мақомоти санҷишӣ нишон медиҳанд.
Моддаи 37. Арзёбии фаъолияти шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ
1. Фаъолияти шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ, ки санҷиш мегузаронанд, дар асоси меъёрҳои зерин арзёбӣ мегардад:
- натиҷаҳои арзёбии шахси мансабдори мақомоти санҷишӣ, ки аз ҷониби субъекти хоҷагидор гирифта шудааст;
- миқдори машварат ва тавсияҳои додашуда ба субъекти хоҷагидор оиди риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- арзёбии фаъолияти шахси мансабдори мақомоти санҷишӣ оиди кам кардани сатҳи таваккалнокӣ.
2. Мақоми санҷиши низоми арзёбии фаъолияти шахси мансабдори мақомоти санҷишро, ки санҷиш мегузаронад, бо назардошти меъёрҳои дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда таҳия менамояд.
3. Шумораи муҷозоти татбиқшуда, миқдори ҷаримаҳо ё дигар нишондиҳандаҳои марбут ба истифодаи муҷозот нисбати субъектҳои хоҷагидор набояд барои арзёбии фаъолияти шахси мансабдори мақомоти санҷиши асос шавад.
4. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор Кодекси одоби шахсони мансабдори мақомоти санҷишро таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод менамояд.
5. Мақомоти санҷиши ҳар се моҳ ба мақомоти болоии худ дар бораи фаъолияти анҷомдодаашон ҳисобот таҳия ва пешниҳод менамоянд, ки дар он маълумоти зерин нишон дода мешавад:
- арзёбии сатҳи таваккалнокӣ дар соҳаи санҷидашаванда;
- вазифаҳои соли ҷорӣ, иҷрои онҳо ва натиҷаҳои арзёбӣ;
- фаъолияти машваратдиҳӣ бо ишораи масъалаҳои барои субъектҳои хоҷагидор муҳими давраи ҳисоботӣ, меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бояд муфассал фаҳмонида шаванд;
- шумора, хусусият ва давомнокии санҷишҳои гузаронидашуда;
- маълумоти мухтасар оид ба маблаљгузории фаъолияти мақоми санҷиши ҳангоми гузаронидани санҷиш.
6. Ҳисоботи солонаи мақомоти санҷишӣ дар бораи фаъолияти анҷомдода, ки мақомоти санҷиши ба Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ пешниҳод менамоянд, бояд маълумот дар бораи шумораи санҷишҳои љайринақшавӣ ва такрории гузаронидашуда, инчунин маълумоти мухтасар дар бораи ҳамаи муроҷиатҳои аз субъектҳои хоҷагидор воридшударо дар бар гирад.
Моддаи 38. Такмили ихтисоси шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ
1. Мақоми санҷишӣ мақсад ва принсипҳои асосии такмили ихтисоси шахсони мансабдори мақомоти худро оид ба донишҳои техникӣ дар соҳаи гузаронидани санҷиш ва малакаи гузаронидани санҷиш, гузаронидани машварат барои субъектҳои хоҷагидор тасдиқ менамояд.
2. Нақшаи солонаи такмили ихтисоси шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ то 1 марти соли ҷорӣ тасдиқ карда мешавад. Такмили ихтисоси шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ бояд на камтар аз як маротиба дар 3 сол гузаронида шавад.
3. Мақоми санҷишӣ на камтар аз як маротиба дар 3 сол талаботи тахассусиро нисбати шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ, ки меъёри асосии интихоб ва ҷобаҷогузории шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ мебошад, таҳия ва ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ барои тасдиқ пешниҳод менамояд.
БОБИ 5. ҲАМКОРИИ МАҚОМОТИ САНҶИШӢ
Моддаи 39. Таъмини ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ
1. Бо мақсади таъмини ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ таъсис дода, ҳайат ва низомномаи онро тасдиқ мекунад.
2. Фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ шаффоф буда, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрасии субъектҳои хоҷагидорро ба маълумот дар бораи санҷишҳо ё оид ба фаъолияти он таъмин намояд.
Моддаи 40. Махзани маълумот ва низоми идоракунӣ дар мақоми санҷишӣ
1. Мақоми санҷишӣ махзани маълумот ва низоми идоракуниро таъсис дода, пешбурд ва иҷрои уҳдадориҳоро оид ба амалӣ гардонидани ваколатҳои назоратӣ таъмин менамояд.
2. Махзани маълумот иттилооти зеринро дар бар мегирад:
- номгӯи ҳама шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки фаъолияти онҳо мавриди санҷиш қарор мегирад;
- маълумот оид ба натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда;
- маълумот оид ба истифодаи захираҳои мақомоти санҷишӣ.
3. Қарорҳо дар бораи гузаронидани санҷиш, санадҳои санҷиш ва қарорҳои аз рӯи натиҷаҳои санҷиш қабулгардида дар махзани маълумоти мақоми санҷишӣ ба қайд гирифта мешаванд.
Моддаи 41. Махзани ягона оид ба санҷишҳои гузаронидашуда ва низоми иттилоотии идоракунӣ
1. Махзани ягона оид ба санҷишҳои гузаронидашуда ва низоми иттилоотии идоракунӣ барои босамар будани мубодилаи маълумот байни махзанҳои маълумот ва низомҳои идоракунии мақомоти санҷишӣ ташкил карда мешавад.
2. Мақсади босамар будани мубодилаи иттилоот байни махзанҳои маълумот ва низоми идоракунии мақомоти санҷишӣ аз ҳамоҳангсозии барақшагирии гузаронидани санҷишҳо, пешгирии такроршавии санҷишҳо, пешгирии вайронкунии муҳлати санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ва истифодаи маълумот барои арзёбии таваккалҳо барои ҳар бахш иборат аст.
3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расмиёти ташкил, пур кардан ва пешбурди махзани ягонаи гузаронидани санҷишҳоро тасдиқ менамояд.
4. Махзани ягона оид ба санҷишҳои гузаронидашуда ва низоми иттилоотии идоракунӣ бояд дорои иттилооти аз мақоми санҷишӣ воридшаванда, маълумоти марбут ба муайян намудани дараҷаи таваккалнокӣ ва маълумот оид ба санҷишҳои ба нақшагирифташуда ва санҷишҳои гузаронидашуда бошад.
БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 42. Ҷуброни зарари ба субъектҳои хоҷагидор расонидашуда
Зараре, ки ба субъектҳои хоҷагидор дар натиҷаи қарорҳои љайриқонунӣ ё дигар амалҳои љайриқонунии шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ расонида шудааст, аз ҷумла фоидаи аздастрафта, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.
Моддаи 43. Ҳалли баҳсҳо ва ҳуқуқи шикоят
1. Ҳифзи ҳуқуқи субъектҳои хоҷагидор ҳангоми гузаронидани санҷиш тавассути овардани шикоят ба суд, мақомоти прокуратура ва ба тариқи маъмурӣ амалӣ карда мешавад.
2. Нисбати амалҳо ва қарорҳои шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ бо тартиб ва дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят овардан мумкин аст.
3. Шикоятҳое, ки ба мақомоти санҷишӣ оварда мешаванд, дар муддати на зиёда аз 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи ворид шудани шикоят мавриди баррасӣ қарор мегиранд ва дар ин муҳлат вобаста ба онҳо қарорҳо қабул карда мешаванд. Дар ҳолати дар ин муддат ба шикоят ҷавоби хаттӣ нагирифтан, далелҳое, ки дар шикоят оварда шудаанд, қабулшуда ҳисобида мешаванд. Давоми муҳлати дар ҳамин қисм муқарраргардида аз рӯзи якуми кории пас аз ба қайд гирифтани шикояти хаттӣ дар мақоми санҷишӣ дахлдор ољоз мегардад.
4. Шикоят аз рӯи қарори мақомоти санҷишӣ, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, ба истиснои қарор дар бораи татбиқи ҷазои маъмурӣ дар шакли огоҳӣ, иҷрои қарорро бозмедорад. Иҷрои қарори мақоми санҷишӣ то лаҳзаи қабул гардидани қарори дахлдор доир ба моҳияти шикоят боздошта мешавад.
5. Мақомоти санҷишӣ уҳдадоранд ҳар сол оид ба далелҳои баррасии арзу шикоятҳои субъектҳои хоҷагидор, чораҳои андешидашуда ва натиҷаҳо ҳисобот омода намуда, то 1 феврали пас аз соли ҳисоботӣ ба баррасии Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ пешниҳод намоянд.
6. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи санҷишӣ фаъолияти субъектҳои хоҷагидор вазифадор аст, ки барои ба воситаи хатти алоқаи телефонии фаврӣ воридшавии шикоят нисбати мақомоти санҷишӣ дастрас, инчунин ошкоро ва дастрас будани маълумотро дар бораи расмиёти шикоят овардан ва чораҳои аз рӯи онҳо андешидашуда, инчунин тавассути ҷойгир намудани ин маълумот дар сомонаи расмии мақомоти санҷишӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма мусоидат намояд.
7. Мақомоти санҷишӣ иҷрои уҳдадориҳои хизматиро аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти санҷиши дахлдор назорат карда, ҳолатҳои иҷрои номуносиби уҳдадориҳои хизматиро аз ҷониби шахсони мансабдор ба ҳисоб мегиранд, санҷиши дахлдори хизматӣ мегузаронанд ва нисбати чунин шахсони мансабдор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо меандешанд.
8. Мақомоти санҷишӣ оид ба чораҳое, ки нисбати шахсони дар риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор андешида шудаанд, дар муддати 10 рӯз аз санаи андешидани чунин чораҳо вазифадоранд ба субъекти хоҷагидор, ки ҳуқуқ ва (ё) манфиатҳои қонуниашон риоя нашудааст, ба таври хаттӣ хабар диҳанд.
Моддаи 44. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 45. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2006 "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2006, №7, мод.342; с.2008, №3, мод.196; с.2013, №7, мод.528) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 46. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур аз 1 июли соли 2016 мавриди амал қарор дода шавад, ба истиснои муқаррароти пешбининамудаи қисми 6 моддаи 19, ки аз 1 июли соли 2018 эътибор пайдо мекунад.
     
       Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                       Эмомалӣ Раҳмон
        ш.Душанбе
25 декабри соли 2015 № 1269

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АДВОКАТУРА ВА ФАЪОЛИЯТИ АДВОКАТӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 15/09/2020 - 11:23
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1182
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
18.03.2015
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ АДВОКАТУРА ВА ФАЪОЛИЯТИ АДВОКАТӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2015, №3, мод. 204, №11, мод. 958; с. 2016, №5, мод. 362; с. 2017, №1-2, мод. 14)
(Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1237, аз 14.05.2016 № 1311, аз 24.02.2017 № 1391, аз 04.07.2020 № 1704, аз 03.01.2024 № 2023)
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 7 январи соли 2015, № 1725
қабул гардидааст.
 
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 марти соли 2015, № 787
ҷониборӣ гардидааст.
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии фаъолияти адвокатӣ, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои адвокатҳо ва ташкили адвокатураро муқаррар мекунад.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода мешаванд:
- адвокатура - иттиҳоди касбӣ, ки дар он адвокатҳо бо мақсади расонидани ёрии ҳуқуқӣ муттаҳид шудаанд;
- адвокат - шахсе, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур соҳиби мақоми адвокат гардидааст;
- ваколатдиҳанда - шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ба адвокат барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ дар намуди маслиҳат ё намояндагӣ, ҳамчунин барои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии худ муроҷиат кардааст;
- восита ва тарзҳои қонунӣ - восита ва тарзҳои расонидани ёрии ҳуқуқӣ, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда нашудаанд;
- ёрии ҳуқуқӣ - ёрии тахассусӣ ва касбие, ки аз ҷониби адвокатҳо бо истифода аз восита ва тарзҳои қонунӣ барои ҳимояи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ расонида мешавад;
- Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Иттифоқи адвокатҳо) - ташкилоти ягонаи мустақили касбии ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратӣ, ки ба аъзогии ҳатмии адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфтааст;
- мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо - воҳидҳои сохтории Иттифоқи адвокатҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ;
- мақоми адвокат - вазъи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии шахсе, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ба ҳуқуқи амалӣ намудани фаъолияти адвокатӣ соҳиб шудааст;
- манфиати қонунӣ - манфиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки бевосита ё бавосита бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон муқаррар гардидаанд;
- ордер - ҳуҷҷати намунаи ягонаи аз ҷониби Иттифоқи адвокатҳо муқарраршуда, ки ваколатҳои адвокатро оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ тасдиқ менамояд;
- сирри адвокатӣ - ҳама гуна маълумоте, ки бо расонидани ёрии ҳуқуқӣ аз тарафи адвокат ба шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ алоқаманд аст;
- ташкилоти адвокатӣ - шакли ташкилии амалисозии фаъолияти адвокатӣ;
- фаъолияти адвокатӣ - фаъолияти касбиест, ки онро шахсони соҳиби мақоми адвокат гардида, ҷиҳати расонидани ёрии ҳуқуқии тахассусӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии онҳо, инчунин таъмин намудани дастрасӣ ба адолати судӣ амалӣ менамоянд;
- ҳаққи хизмати адвокат - ҳаққи хизмат барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ, ки адвокат дар асоси созишнома ба ваколатдиҳанда мерасонад;
- шаҳодатномаи адвокат - ҳуҷҷати расмӣ, ки соҳиби мақоми адвокат будани шахсро тасдиқ менамояд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1391).
Моддаи 3. Адвокат
1. Адвокат ҳатман бояд узви Иттифоқи адвокатҳо бошад.
2. Адвокат маслиҳатчии касбии мустақили ваколатдиҳанда оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мебошад.
3. Адвокат ҳуқуқ дорад фаъолияти адвокатиро бо кор ба сифати роҳбари ташкилоти адвокатӣ, дар вазифаҳои интихобӣ дар Иттифоқи адвокатҳо ва мақомоти минтақавии он, инчунин дар иттиҳодияҳои ҷамъиятии адвокатҳо, аз ҷумла байналмилалӣ дар якҷоягӣ амалӣ намояд.
4. Адвокат намудҳои зерини ёрии ҳуқуқиро мерасонад:
- оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ба тариқи шифоҳӣ ё хаттӣ маслиҳат ва маълумот медиҳад;
- ариза, шикоят, дархост ва дигар ҳуҷҷатҳои дорои хусусияти ҳуқуқиро тартиб медиҳад;
- манфиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар мурофиаи судии конститутсионӣ намояндагӣ мекунад;
- ба сифати намояндаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мурофиаҳои судии гражданӣ, оилавӣ, иқтисодӣ ва ҳакамӣ иштирок менамояд;
- ба сифати намоянда ва ё ҳимоятгари шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мурофиаи судии ҷиноятӣ ва дар пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ иштирок менамояд;
- ба сифати намояндаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар дигар мақомот барои ҳалли баҳсҳо иштирок мекунад;
- ба сифати намояндаи шахсони ҳуқуқӣ дар муҳокимаи парвандаҳо дар арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ иштирок мекунад;
- манфиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо намояндагӣ мекунад;
- манфиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар мақомоти давлатӣ, судҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои хориҷӣ, судҳои байналмилалӣ, мақомоти ғайридавлатии давлатҳои хориҷӣ, агар бо қонунгузории давлатҳои хориҷӣ, ҳуҷҷатҳои оинномавии судҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ва ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, тартиби дигар муқаррар карда нашуда бошад, намояндагӣ мекунад;
- ба сифати намояндаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар истеҳсолоти иҷро иштирок менамояд;
- дигар намуди ёрии ҳуқуқиро, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда нашудааст, мерасонад.
5. Адвокатҳои давлатҳои хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи амалӣ намудани фаъолияти адвокатиро надоранд, ба истиснои парвандаҳои иқтисодӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқи давлати хориҷӣ, ки дорои сирри давлатӣ намебошанд. Чунин фаъолияти адвокатиро адвокатҳои давлатҳои хориҷӣ танҳо баъди ба Феҳристи махсуси адвокатҳои давлатҳои хориҷии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда (минбаъд - Феҳристи махсуси адвокатҳои хориҷӣ) ворид намудани онҳо амалӣ менамоянд.
Моддаи 4. Фаъолияти адвокатӣ
1. Фаъолияти адвокатӣ фаъолияти соҳибкорӣ намебошад.
2. Ёрии ҳуқуқии аз тарафи шахсони зерин расонидашаванда фаъолияти адвокатӣ ҳисобида намешавад:
- кормандони мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;
- кормандони хадамоти ҳуқуқии шахсони ҳуқуқӣ;
- иштирокчиён ва кормандони ташкилотҳое, ки ба хизматрасонии ҳуқуқӣ машғуланд;
- намояндагони патентӣ, ба истиснои ҳолатҳое, ки адвокат ба сифати намояндаи патентӣ баромад мекунад;
- дигар шахсоне, ки дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус барои пешбурди фаъолияти касбии ҳуқуқӣ ваколатдор карда шудаанд.
3. Амали Қонуни мазкур нисбати мақомот ва шахсоне, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагиро амалӣ менамоянд, татбиқ намегардад.
Моддаи 5. Принсипҳои фаъолияти адвокатӣ
Фаъолияти адвокатӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- қонуният;
- мустақил будани адвокатҳо ва фаъолияти адвокатӣ;
- таъмини сифати ёрии ҳуқуқӣ;
- баробарҳуқуқии адвокатҳо;
- дахолат накардан ба фаъолияти адвокатӣ;
- ҳатмӣ будани узвияти адвокат дар Иттифоқи адвокатҳо;
- аз ҷониби адвокат эҳтиром ва ҳифз намудани ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои ваколатдиҳанда.
Моддаи 6. Адвокатура ва давлат
1. Адвокатура ниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, ба низоми мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дохил намешавад.
2. Бо мақсади мусоидат кардан ба фаъолияти адвокатӣ ва таъмини дастрасии ёрии ҳуқуқӣ ба аҳолӣ, мақомоти давлатӣ кафолатҳои мустақилии адвокатураро таъмин намуда, фаъолияти адвокатҳоеро, ки ба шахсони воқеӣ ёрии ҳуқуқии ройгон мерасонанд, дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ менамоянд, инчунин дар ҳолатҳои зарурӣ ба ташкилоти адвокатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон биноҳои хизматӣ, таҷҳизот ва воситаҳои алоқа ҷудо менамоянд.
Моддаи 7. Истифодабарии истилоҳоти дар Қонуни мазкур пешбинишуда
1. Дар номи ташкилот ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ истифодабарии истилоҳоти "адвокатура", "адвокат" ва "маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ" ё ибораҳое, ки дар таркибашон ин истилоҳот мавҷуд аст, танҳо аз ҷониби Иттифоқи адвокатҳо ва мақомоти минтақавии он, адвокатҳо ва ташкилотҳои адвокатие, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур таъсис ёфтаанд, роҳ дода мешавад.
2. Истифода бурдани истилоҳоти мазкур дар номи дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ манъ аст.
БОБИ 2. АСОСҲОИ ФАЪОЛИЯТИ АДВОКАТӢ
Моддаи 8. Ваколатҳои адвокат
1. Ваколатҳои адвокат, ки ба сифати намояндаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мурофиаи судии конститутсионӣ, гражданӣ, оилавӣ, маъмурӣ, иқтисодӣ ва ба сифати намояндаи шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ё ҳимоятгари гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, маҳкумшуда ва сафедшуда дар мурофиаи судии ҷиноятӣ, намояндаи шахсони ҳуқуқӣ дар муҳокимаи парвандаҳо дар арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ, намояндаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар муҳокимаи суди ҳакамӣ, инчунин расмиёти маъмурӣ иштирок мекунад, бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад.
2. Ҳангоми расонидани ёрии ҳуқуқӣ ва амалӣ намудани намояндагии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ваколатдиҳанда адвокат ӯҳдадор аст шаҳодатномаи адвокатии худ ва ордерро, ки аз тарафи ташкилоти адвокатии дахлдор дода шудааст, пешниҳод намояд. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои адвокат бо ваколатнома тасдиқ карда мешаванд. Аз адвокат ва ё ваколатдиҳанда талаб намудани пешниҳоди созишнома дар бораи расонидани ёрии ҳуқуқӣ ҳамчун асоси амалӣ намудани вазифаҳои намояндагӣ манъ аст.
Моддаи 9. Ҳуқуқҳои адвокат
Ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти касбӣ адвокат ҳуқуқ дорад:
- маълумоти заруриро барои расонидани ёрии ҳуқуқи ҷамъоварӣ намояд, аз ҷумла маълумотномаҳо, тавсифномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳоро аз мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин аз дигар шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияташон дархост карда гирад ва мақомот ва ташкилотҳои зикргардида бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадоранд ба адвокат ҳуҷҷатҳои дархосткардаи ӯ ё нусхаи тасдиқгардидаи онҳоро ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки маълумоти дорои сирри давлатиро дар бар гирифтаанд, диҳанд;
- далел ва маълумоти барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ заруриро ҷамъ оварад ва пешниҳод намояд;
- бо шахси таҳти ҳимояташбуда бо пешниҳоди ордер ва шаҳодатномаи адвокат бе мамониат як ба як (аз ҷумла аз лаҳзаи дастгир шудан, нигоҳ доштан дар изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) тафтишотӣ ё изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) нигоҳдории муваққатӣ ва муассисаҳои ислоҳӣ) бе маҳдуд кардани шумора ва давомнокии мӯҳлат сӯҳбат кунад;
- маълумоти дар парванда мавҷудбударо, ки аз рӯи он адвокат ёрии ҳуқуқӣ мерасонад, бо риоя намудани сирри давлатӣ ва сирри дигари бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзшаванда нусхабардорӣ намояд;
- ҳангоми иштирок намудан дар маҷлиси пӯшидаи судӣ бо матни пурраи санадҳои судии қабулнамудаи суд шинос шавад;
- барои ҳимоя ҳама гуна восита ва тарзҳои қонуниро истифода барад.
Моддаи 9(1). Дархости адвокат
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2023)
1. Бо мақсади расондани ёрии ҳуқуқӣ адвокат ба мақомоти дахлдор бо дархост муроҷиат менамояд.
2. Дар дархост бояд насаб, ном, номи падари адвокат, ҳуҷҷат, маълумоти хаттӣ ё шифоҳии ба ӯ лозима ва суроғаи шахсе, ки ҷавоби дархост ба ӯ равона карда мешавад, зикр гардад.
3. Рад кардани пешниҳоди маълумот вобаста ба дархости адвокат танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2023).
Моддаи 10. Ӯҳдадориҳои адвокат
1. Ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти касбӣ адвокат ӯҳдадор аст:
- содиқона, софдилона ва оқилона ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ваколатдиҳандаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя намояд;
- талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба иштироки ҳатмии адвокат ба сифати ҳимоятгар дар мурофиаи судии ҷиноятӣ дар асоси қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, судя ё таъиноти суд иҷро намояд, инчунин ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии ҳуқуқии ройгон расонад;
- савияи дониши худро баланд бардорад ва маҳорати касбии худро такмил диҳад;
- талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси одоби касбии адвокатҳоро риоя намояд, қарорҳои Иттифоқи адвокатҳо ва мақомоти минтақавии онро, ки дар доираи ваколатҳояшон қабул карда шудаанд, иҷро намояд;
- ҳар моҳ барои эҳтиёҷоти Иттифоқи адвокатҳо маблағро дар шакли ҳаққи узвият пардохт намояд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2023);
- барои таъмин намудани фаъолияташ мувофиқи тартиб ва андозаи муайяннамудаи ташкилоти адвокатӣ маблағ ҷудо намояд;
- бо ваколатдиҳанда ҳангоми амалӣ намудани намояндагӣ созишнома бандад ва ордер пешниҳод намояд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2023);
- дар муҳокимаи саривақтии парвандаҳо ба кашолкории сунъӣ роҳ надиҳад;
- сирри давлатӣ ва сирри дигари бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзшавандаро, ки ҳангоми расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба ӯ маълум гаштаанд, ифшо насозад.
2. Ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти касбӣ адвокат ҳуқуқ надорад супориш оид ба расонидани ёрии ҳуқуқиро қабул намояд, агар он:
- баръало хусусияти ғайриқонунӣ дошта бошад;
- чунин ёриро ба шахсоне расонад ё қаблан расонида бошад, ки манфиати онҳо ба манфиати шахсе, ки дар хусуси пешбурди парвандааш муроҷиат кардааст, зид бошад;
- ба мавзуи созишнома бо ваколатдиҳанда манфиати мустақилона дошта бошад, ки аз манфиатҳои ваколатдиҳанда фарқ кунад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2023);
- қаблан дар парванда ба сифати судя, машваратчии халқӣ, прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда, котиби маҷлиси суд, шоҳид, коршинос (эксперт), мутахассис, тарҷумон ё шахси холис иштирок карда бошад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1237);
- бо судя, машваратчии халқӣ, прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда, котиби маҷлиси суд, ки дар тафтиш ё баррасии судии ҳамин парванда иштирок мекунанд, муносибатҳои хешовандӣ дошта бошад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1237).
3. Адвокат ҳуқуқ надорад, ки аз ӯҳдадории худ дар бобати ҳимоя даст кашад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
4. Адвокат ҳуқуқ надорад маълумоти ба ӯ додаи ваколатдиҳандаро, ки бо расонидани ёрии ҳуқуқӣ алоқаманд аст, бе розигии ин шахс ифшо намояд.
5. Адвокат ҳуқуқ надорад, ки гуноҳи ҳимояшавандаи худро исботшуда эътироф намояд, агар ҳимояшаванда онро рад кунад. Иқрор шудани ҳимояшаванда ба гуноҳи худ адвокатро аз ҳуқуқи мубоҳиса намудани чунин фикр ва хоҳиши сафед намудани ӯ бинобар исбот нашудани гуноҳаш маҳрум намекунад. Адвокат ҳуқуқ надорад ба таври оммавӣ дар бораи исботшуда эълон намудани гуноҳи ҳимояшавандааш изҳорот диҳад, агар зерҳимояаш онро рад намояд.
6. Адвокат дар ҳама ҳолат бояд манфиатҳои қонунии ваколатдиҳандаро ҳимоя намояд ва ҳуқуқ надорад мавқеи ҳуқуқии ба манфиатҳои ӯ мухолифро ишғол намояд. Дар ҳолати худтӯҳматкунии ваколатдиҳанда дар мурофиаи судии ҷиноятӣ, адвокат бояд мавқеи мухолифро ишғол намояд.
7. Барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани ӯҳдадориҳои касбии худ адвокат тибқи тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Моддаи 11. Сирри адвокатӣ
1. Сирри адвокатиро ҳолати муроҷиат ба адвокат, маълумот оид ба мазмуни гуфтугузори шифоҳӣ ва хаттӣ бо шахсе, ки барои ёрии ҳуқуқӣ муроҷиат кардааст ва дигар шахсон оид ба хусусият ва натиҷаи амалҳое, ки ба манфиати шахси барои ёрии ҳуқуқӣ муроҷиатнамуда содир мешаванд, инчунин дигар маълумоти бо расонидани ёрии ҳуқуқӣ алоқаманд, ташкил медиҳанд.
2. Адвокат, ёрдамчии ӯ ва коромӯз - адвокат ҳуқуқ надоранд ҳама гуна маълумотро, ки сирри адвокатӣ мебошад, ифшо намоянд, инчунин ба манфиати худ ё дигар шахсон истифода баранд.
3. Адвокате, ки маълумоти ба сирри адвокатӣ мансуббударо бе розигии шахси барои ёрии ҳуқуқӣ муроҷиатнамуда ифшо менамояд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
4. Пешниҳоди маълумот ва иттилоот ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ифшои сирри адвокатӣ ҳисобида намешавад.
БОБИ З. МАҚОМИ АДВОКАТ
Моддаи 12. Соҳиб шудан ба мақоми адвокат
1. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ дорад, забони давлатиро медонад, инчунин на кам аз ду сол собиқаи корӣ аз рӯи ихтисоси ҳуқуқшиносӣ дорад ё коромӯзиро дар ташкилоти адвокатӣ дар мӯҳлати муқаррарнамудаи Қонуни мазкур гузаштааст, метавонад соҳиби мақоми адвокат гардад.
2. Шахс ҳуқуқи соҳиб шудан ба мақоми адвокат ва машғул шудан ба фаъолияти адвокатиро надорад, агар:
- ба талаботи қисми 1 ҳамин модда ҷавобгӯ набошад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1237);
- мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қобилияти амалаш маҳдуд карда шуда ё ӯ ғайриқобили амал эътироф карда шуда бошад;
- барои содир кардани ҷиноят маҳкум шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1237);
- аз мақомоти давлатӣ, судӣ, адлия, прокуратура, адвокатура дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизмати ҳарбӣ барои вайрон кардани савганди касбӣ, содир намудани кирдорҳои хусусияти коррупсионидошта аз вазифа озод карда шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1237);
- дар асоси сархати чоруми қисми 1 моддаи 27, моддаҳои 29-32 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1237).
3. Қарор дар бораи додани мақоми адвокатро Комиссияи тахассусии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Комиссияи тахассусӣ) баъди аз ҷониби шахси довталаб супоридани имтиҳони тахассусӣ барои соҳиб шудан ба мақоми адвокат қабул менамояд.
4. Ба собиқаи корӣ аз рӯи ихтисоси ҳуқуқшиносӣ, ки барои соҳиб шудан ба мақоми адвокат зарур аст, кор дар мансабҳои зерин дохил мешавад:
- ба сифати судя, прокурор, муфаттиш ва таҳқиқбаранда (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2023);
- мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ ва хизмати давлатӣ, ки доштани таҳсилоти олии ҳуқуқшиносиро талаб мекунанд;
- дар вазифаҳои хадамоти ҳуқуқии ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, ки доштани таҳсилоти олии ҳуқуқшиносиро талаб мекунанд;
- дар вазифаҳои муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ки доштани таҳсилоти олии ҳуқуқшиносиро талаб мекунанд;
- ба сифати омӯзгори фанҳои ҳуқуқшиносӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва пас аз таҳсилоти олии касбӣ;
- ба сифати адвокат;
- ба сифати ёрдамчии адвокат.
5. Адвокат ҳуқуқ дорад бе иҷозати иловагӣ фаъолияти адвокатиро дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намояд.
Моддаи 13. Комиссияи тахассусӣ
1. Комиссияи тахассусӣ барои ҳал намудани масъалаи соҳиб шудан ба мақоми адвокат ва қатъ намудани он, инчунин гузаронидани аттестатсияи адвокатҳо дар назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1237).
2. Комиссияи тахассусӣ ба мӯҳлати ду сол дар ҳайати 9 нафар аъзо бо чунин меъёри намояндагӣ таъсис дода мешавад:
- ду намоянда аз Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- як намоянда аз Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1391);
- панҷ намоянда аз Иттифоқи адвокатҳо, ки онҳоро Анҷумани адвокатҳо интихоб менамояд;
- як намояндаи дорои унвони илмии соҳаи ҳуқуқшиносӣ, ки аз тарафи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
3. Раиси Комиссияи тахассусӣ яке аз муовинони вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи тақсимоти вазифаҳо мебошад. Муовини раиси Комиссияи тахассусӣ аз ҳисоби намояндагони адвокатҳо, котиби масъул аз ҳисоби аъзои комиссия дар ҷаласаи Комиссияи тахассусӣ интихоб карда мешавад. Аъзои Комиссияи тахассусӣ, ба истиснои раиси Комиссия, наметавонанд зиёда аз як маротиба аъзои Комиссияи тахассусӣ бошанд. Ҳангоми иштирок надоштани раиси Комиссияи тахассусӣ дар ҷаласа, ваколати ӯ ба зиммаи муовини раиси Комиссияи тахассусӣ мегузарад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2023).
4. Ҷаласаи Комиссияи тахассусӣ ҳамон вақт гузаронида мешавад, ки агар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои он ҳузур дошта бошанд.
5. Ҷаласаи Комиссияи тахассусӣ аз ҷониби раиси Комиссияи тахассусӣ аз рӯи зарурат, вале на камтар аз чор маротиба дар як сол даъват карда мешавад.
6. Қарорҳои қабулнамудаи Комиссияи тахассусӣ бо протокол ба расмият дароварда мешаванд, ки он аз ҷониби ҳамаи аъзои Комиссияи тахассусӣ имзо карда мешавад. Дар мавриди ҳангоми овоздиҳӣ фикри махсус доштани узви Комиссияи тахассусӣ, ки он аз қарори бо аксарияти овозҳои аъзои дар ҷаласаи Комиссияи тахассусӣ иштирокдошта қабул шудааст, фарқ мекунад, фикри махсус дар шакли хаттӣ тартиб дода, ба протоколи ҷаласа замима карда мешавад.
7. Қарори Комиссияи тахассусӣ оид ба масъалаи қабули имтиҳонҳои тахассусӣ аз шахсони довталаб барои соҳиб шудан ба мақоми адвокат бо аксарияти овозҳои аъзои Комиссияи тахассусӣ, ки дар ҷаласаи он иштирок доштанд, бо роҳи овоздиҳии кушода бе иштироки довталаб қабул карда мешавад. Қарори Комиссияи тахассусӣ ба довталаб дарҳол пас аз овоздиҳӣ эълон карда мешавад. Аз болои қарори Комиссияи тахассусӣ ба суд шикоят кардан мумкин аст.
8. Дар давраи гузариш аъзои Комиссияи тахассусӣ аз ҳисоби намояндагони адвокатҳо бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 45 Қонуни мазкур интихоб карда мешаванд.
Моддаи 14. Иҷозат додан ба имтиҳони тахассусӣ
1. Шахсе, ки ба талаботи қисмҳои 1 ва 2 моддаи 12 Қонуни мазкур ҷавобгӯ мебошад, ҳуқуқ дорад ба мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо оид ба соҳиб шудан ба мақоми адвокат бо ариза муроҷиат намояд.
2. Довталаб ба ғайр аз ариза ба мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:
- нусхаи шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон(Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1237);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи собиқаи кории ӯ ҳамчун ҳуқуқшинос;
- нусхаи ҳуҷҷати таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ;
- маълумотнома дар бораи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудан ва маҳкум гардидан (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1237);
3. Пешниҳод кардани маълумоти носаҳеҳ метавонад боиси рад кардани қабули ҳуҷҷатҳои довталаб гардад.
4. Мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо дар муддати то як моҳ санҷиши саҳеҳӣ ва дурустии ҳуҷҷатҳо ва маълумотеро, ки аз ҷониби довталаб пешниҳод карда шудаанд, мегузаронад. Мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо ҳуқуқ дорад аз мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои дахлдор оид ба тасдиқ кардани саҳеҳӣ ва дурустии ҳуҷҷатҳо ва маълумоти пешниҳодкардаи довталаб дархост намояд. Мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои мазкур ӯҳдадоранд, ки дар мӯҳлати на дертар аз 15 рӯз аз лаҳзаи гирифтани дархост ба мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо аз натиҷаҳои санҷиши ҳуҷҷатҳо маълумот пешниҳод намоянд.
5. Баъд аз анҷоми санҷиш мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо доир ба ирсол намудани дархост ҷиҳати иштироки довталаб дар имтиҳони тахассусӣ дар Комиссияи тахассусӣ ё оид ба рад намудани қабули ҳуҷҷатҳо ба довталаб ҷавоби хаттӣ медиҳад.
6. Қабули ҳуҷҷатҳо метавонад танҳо бо асосҳои дар Қонуни мазкур пешбинигардида рад карда шавад. Дар ин хусус қарори дахлдор қабул карда мешавад. Нисбати қарори мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо оид ба рад намудани қабули ҳуҷҷатҳо дар мӯҳлати як моҳ аз рӯзи гирифтани нусхаи қарори мазкур ба Иттифоқи адвокатҳо ё ба суд дар мӯҳлат ва бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят кардан мумкин аст.
Моддаи 15. Имтиҳони тахассусӣ
1. Комиссияи тахассусӣ дар ҷаласаи навбатӣ, вале на дертар аз се моҳ аз рӯзи гирифтани пешниҳоди мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо аз довталаб имтиҳони тахассусӣ қабул мекунад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2023).
2. Имтиҳони тахассусӣ аз ҷавобҳои хаттӣ ба саволҳо ва мусоҳибаи шифоҳӣ иборат мебошад.
3. Номгӯи саволҳо барои имтиҳони тахассусӣ, тартиби супоридани имтиҳони тахассусӣ ва баҳогузории дониши довталабон аз ҷониби Комиссияи тахассусӣ таҳия ва тасдиқ карда мешаванд.
4. Довталабе, ки имтиҳони тахассусиро насупоридааст, барои такроран супоридани имтиҳони тахассусӣ пас аз гузаштани на камтар аз шаш моҳ роҳ дода мешавад.
Моддаи 16. Додани мақоми адвокат
1. Комиссияи тахассусӣ довталабро, ки имтиҳони тахассусиро бо муваффақият супоридааст, дар давоми панҷ рӯз пас аз қабул гардидани қарор дар хусуси ба ӯ додани мақоми адвокат хаттӣ огоҳ менамояд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2023).
2. Комиссияи тахассусӣ ҳуқуқ надорад ба довталабе, ки бомуваффақият имтиҳони тахассусиро супоридааст, додани мақоми адвокатро рад кунад, ба истиснои мавридҳое, ки баъд аз супоридани имтиҳони тахассусӣ ҳолатҳое ошкор гарданд, ки барои соҳиб шудан ба мақоми адвокат монеъ мешаванд. Дар чунин ҳолатҳо нисбати қарор оид ба рад кардани додани мақоми адвокат ба суд шикоят кардан мумкин аст.
Моддаи 17. Феҳристи ягонаи адвокатҳо, ташкилотҳои адвокатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Феҳристи махсуси адвокатҳои давлатҳои хориҷӣ
1. Феҳристи ягонаи адвокатҳо, ташкилотҳои адвокатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Феҳристи махсуси адвокатҳои давлатҳои хориҷӣ мутаносибан маҷмӯи маълумот дар бораи адвокатҳо, ташкилотҳои адвокатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва адвокатҳои давлатҳои хориҷиро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти адвокатиро амалӣ менамоянд, дар бар мегиранд.
2. Тартиби пешбурди феҳристҳои дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишударо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 18. Ба Феҳристи ягонаи адвокатҳо ворид кардани маълумот дар бораи адвокат
1. Маълумот дар бораи адвокат ба Феҳристи ягонаи адвокатҳо дар давоми панҷ рӯз пас аз қабул гардидани қарор дар бораи додани мақоми адвокат ворид карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2023).
2. Адвокат вазифадор аст аз рӯзи соҳиб шудан ба мақоми адвокат ё барқарор кардани мақоми адвокат дар мӯҳлати як моҳ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти минтақавии он ҳуҷҷатҳои таъсисиро дар бораи шакли ташкилии фаъолияти адвокатии интихобкардааш пешниҳод намояд.
3. Дар сурати ба Феҳристи ягонаи адвокатҳо ворид накардани маълумот дар бораи адвокат ва шакли ташкилии фаъолияти он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд шикоят овардан мумкин аст.
Моддаи 19. Савганди адвокат
Адвокат баъди супоридани имтиҳони тахассусӣ ва гирифтани огоҳии хаттӣ ба узвияти Иттифоқи адвокатҳо дохил шуда, дар назди Анҷумани адвокатҳо ё Раёсати Иттифоқи адвокатҳо савганди адвокатиро бо мазмуни зерин ёд мекунад: "Бо тантана савганд ёд мекунам, ки ӯҳдадориҳои адвокатиро содиқона, софдилона ва оқилона иҷро мекунам, ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии ваколатдиҳандаро тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва Кодекси одоби касбии адвокатҳо ҳимоя менамоям". Имзои савгандёдкунанда зери матни ҳамин савганд гирифта мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1391, аз 03.01.2024 № 2023).
Моддаи 20. Шаҳодатномаи адвокат
1. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба адвокат шаҳодатномаи адвокатро медиҳад, ки дар он насаб, ном, номи падари адвокат ва рақами бақайдгирии ӯ дар Феҳристи ягонаи адвокатҳо дарҷ карда мешаванд.
2. Шакли шаҳодатномаи адвокат, тартиби тайёр намудан ва пардохти хароҷот аз тарафи вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
3. Шаҳодатномаи адвокат ҳуҷҷати ягонаи тасдиқкунандаи мақоми адвокат мебошад, ки барои иҷрои ваколатҳои касбӣ, тибқи тартиби муқарраргардида бемамониат даромадан ба мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияташон ҳуқуқ медиҳад.
4. Дар сурати ба адвокат надодани шаҳодатномаи адвокат дар мӯҳлат ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд шикоят овардан мумкин аст.
5. Шахсе, ки мақоми адвокатиаш боздошта ва ё қатъ карда шудааст, баъди қабули қарори дахлдори мақоми ваколатдор вазифадор аст бетаъхир шаҳодатномаи адвокатиашро ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон супорад.
Моддаи 21. Боздоштани мақоми адвокат
1. Мақоми адвокат дар ҳолатҳои зерин боздошта мешавад:
- интихоби адвокат ба мақомоти давлатӣ ва ё мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба давраи фаъолияти меҳнатии доимӣ;
- даъвати адвокат ба хизмати ҳарбӣ;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бедарак ғоибшуда эътироф намудани адвокат;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан аз вазифа дур кардани адвокат (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1237);
- дар асоси аризаи адвокат (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2023).
- дар муҳлати зиёда аз панҷ сол нагузаштани курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос;
- барои содир кардани ҷиноят маҳкум шуда бошад ё дар асоси сархати чоруми қисми 1 моддаи 27, моддаҳои 29-32 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуда бошад, то аз ҷониби Комиссияи тахассусӣ қабули қарор дар бораи қатъ намудани мақоми адвокат (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2023).
2. Боздоштани мақоми адвокат боиси боздоштани кафолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур барои адвокат мегардад, ба истиснои кафолатҳое, ки дар қисми 2 моддаи 23 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд.
3. Шахсе, ки мақоми адвокатиаш боздошта шудааст, ҳуқуқ надорад фаъолияти адвокатиро амалӣ намояд, аз ҷумла вазифаҳои интихобиро дар мақомоти адвокатура ишғол намояд. Вайрон кардани муқаррароти ҳамин қисм боиси қатъ гардидани мақоми адвокат мегардад.
4. Қарор оид ба боздоштани мақоми адвокатро Иттифоқи адвокатҳо дар асоси пешниҳоди мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо ва дигар мақомоти дахлдор қабул менамояд.
5. Баъди аз байн рафтани асосҳои дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда мақоми боздошташудаи адвокат бо қарори Иттифоқи адвокатҳо дар асоси аризаи адвокат, пешниҳоди мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо ё пешниҳоди дигар мақомоти дахлдор барқарор карда мешавад.
6. Нисбати қарори Иттифоқи адвокатҳо оид ба боздоштани мақоми адвокат ё доир ба рад кардани барқароркунии мақоми адвокат бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд шикоят кардан мумкин аст.
7. Иттифоқи адвокатҳо дар мӯҳлати даҳ рӯз аз рӯзи қабул кардани қарор оид ба боздоштан ё барқарор кардани мақоми адвокат барои ворид кардани маълумоти дахлдор ба Феҳристи ягонаи адвокатҳо ба таври хаттӣ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шахсеро, ки мақоми адвокатиаш боздошта ё барқарор карда шудааст, ба истиснои ҳолати боздоштани мақоми адвокат тибқи асоси дар сархати сеюми қисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида ва ташкилоти адвокатиеро, ки дар он шахси мазкур ба фаъолияти адвокатӣ машғул буд, огоҳ мекунад.
8. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати даҳ рӯз аз рӯзи гирифтани огоҳиномаи зикршуда ба Феҳристи ягонаи адвокатҳо оид ба боздоштан ё барқарор кардани мақоми адвокат маълумот ворид менамояд.
Моддаи 22. Қатъ намудани мақоми адвокат
1. Мақоми адвокат аз ҷониби Комиссияи тахассусӣ бо пешниҳоди Иттифоқи адвокатҳо тибқи асосҳои зерин қатъ карда мешавад:
- бо аризаи хаттии адвокат оид ба қатъ намудани мақоми адвокат;
- эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори суд оид ба ғайри қобили амал ё дорои қобилияти амалаш маҳдуд эътироф гардидани адвокат;
- фавти адвокат ё эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори суд оид ба фавтида эълон кардани адвокат;
- эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд оид ба гунаҳгор донистани адвокат дар содир кардани ҷиноят ва ё қабул гардидани қарор дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардан бо асосҳои дар сархати чоруми қисми 1 моддаи 27, моддаҳои 29-32 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1237);
хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2023);
- такроран аз аттестатсия нагузаштани адвокат (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1237, аз 03.01.2024 № 2023);
- аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадан ё шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз даст додани адвокат (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1237);
- барои истиқомати доимӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баромада рафтани адвокат (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1237);
- ошкор гардидани ҳолатҳое, ки дар қисми 2 моддаи 12 ва қисми 3 моддаи 21 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд.
2. Мақоми адвокат метавонад бо қарори Комиссияи тахассусӣ дар асоси пешниҳоди Иттифоқи адвокатҳо дар ҳолатҳои зерин қатъ карда шавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2023):
- аз ҷониби адвокат дар назди ваколатдиҳанда иҷро накардани ӯҳдадориҳо ё ба таври дахлдор иҷро накардани онҳо;
- аз ҷониби адвокат вайрон кардани меъёрҳои Кодекси одоби касбии адвокатҳо;
- аз ҷониби адвокат иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани ӯҳдадориҳои касбии худ ва қарорҳои дар доираи ваколаташон қабулнамудаи мақомоти Иттифоқи адвокатҳо;
- ғайриимкон будани иҷрои фаъолияти касбии адвокат дар мӯҳлати зиёда аз чор моҳ;
- муайян кардани нодурустии маълумоте, ки ба Комиссияи тахассусӣ мутобиқи талаботи қисми 2 моддаи 14 Қонуни мазкур пешниҳод шудааст.
3. Иттифоқи адвокатҳо ҳангоми аз мақомоти давлатӣ, Комиссияи тахассусӣ, мақомоти минтақавӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ гирифтани маълумоти дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда пешбинишуда ба ҷаласаи навбатии Комиссияи тахассусӣ пешниҳод ирсол менамояд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2023).
4. Мақоми адвокат аз лаҳзаи қабули қарори Комиссияи тахассусӣ қатъгардида ҳисоб меёбад. Шахсе, ки мақоми адвокатиаш қатъ карда шудааст, ҳуқуқ надорад фаъолияти адвокатиро амалӣ намояд, инчунин дар мақомоти Иттифоқи адвокатҳо вазифаҳои интихобиро ишғол намояд.
5. Оид ба қароре, ки мутобиқи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда қабул гардидааст, Комиссияи тахассусӣ дар мӯҳлати даҳ рӯз аз рӯзи қабули он дар шакли хаттӣ шахсеро, ки мақоми адвокатиаш қатъ карда шудааст, огоҳ месозад, ба истиснои ҳолати қатъ гардидани мақоми адвокат тибқи асосе, ки дар сархати сеюми қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ шудааст.
6. Нисбати қарори Комиссияи тахассусӣ, ки тибқи асосҳои дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур пешбинигардида қабул карда шудааст, ба суд шикоят овардан мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2023).
Моддаи 23. Кафолати мустақилияти адвокат
1. Дахолат ё бо кадом тарзу воситае набошад, мамониат кардан ба фаъолияти адвокатие, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад, манъ аст.
2. Адвокат барои изҳор намудани ақидаи худ ҳангоми иҷрои фаъолияти адвокатӣ набояд ба ягон намуди ҷавобгарӣ кашида шавад (аз ҷумла баъд аз боздоштан ва ё қатъ намудани мақоми адвокатии ӯ), ба истиснои изҳор намудани ақидаҳое, ки дар он аломатҳои ҷиноят ҷой доранд. Мутобиқи Қонуни мазкур талаботи зикршуда ба ӯҳдадории адвокат дар назди ваколатдиҳанда дахл надоранд.
3. Аз адвокат, кормандони ташкилоти адвокатӣ ва Иттифоқи адвокатҳо талаб кардани маълумот вобаста ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои мушаххас манъ аст.
4. Адвокат, аъзои оила ва молу мулки ӯ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти ҳимояи давлат қарор доранд. Дар ҳолати таҳдид ба ҳаёт, саломатӣ ва молу мулки онҳо мақомоти таъминкунандаи ҳимояи давлатӣ вазифадоранд ҷиҳати таъмини бехатарии адвокат, аъзои оила ва молу мулки ӯ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
5. Адвокат, ёрдамчии адвокат ё коромӯз-адвокатро вобаста ба ҳолатҳое, ки ба онҳо дар натиҷаи расонидани ёрии ҳуқуқӣ маълум гаштаанд, ба сифати шоҳид даъват кардан ва пурсидан манъ аст.
Моддаи 24. Суғуртакунии хатари ӯҳдадории адвокат
Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон адвокат метавонад хатари ҷавобгарии молу мулкии худро барои риоя накардани шартҳои созишномаи бо ваколатдиҳанда басташуда оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ суғурта намояд.
БОБИ 4. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ АДВОКАТӢ
Моддаи 25. Шаклҳои ташкилии фаъолияти адвокатӣ
1. Шаклҳои ташкилии фаъолияти адвокатӣ мувофиқи Қонуни мазкур кабинети адвокатӣ, маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ, коллегияи адвокатӣ ва бюрои адвокатӣ мебошанд.
2. Адвокат ҳуқуқ дорад мустақилона шакли ташкилӣ ва ҷойи амалигардонии фаъолияти адвокатиро интихоб намояд.
3. Бақайдгирии шаклҳои ташкилии фаъолияти адвокатӣ тибқи Қонуни мазкур аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти минтақавии он амалӣ карда мешавад. Дар хусуси шакли ташкилии интихобнамуда ва макони фаъолияти адвокатӣ адвокат ӯҳдадор аст дар мӯҳлати даҳ рӯз аз бақайдгирии давлатӣ ба таври хаттӣ мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳоро огоҳ намояд.
4. Ташкилотҳои адвокатҳо дорои суратҳисоб ва дигар ҳисобҳо дар бонкҳо, бланкҳо, мӯҳр ва тамға бо номи худ мебошанд.
Моддаи 26. Маҳдудиятҳои таъсис додани ташкилоти адвокатӣ
1. Адвокат ҳуқуқ надорад бо шахсе, ки соҳиби мақоми адвокат нест, ташкилоти адвокатӣ таъсис диҳад.
2. Адвокат ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти адвокатӣ ҳуқуқ надорад, ки зери итоати шахси мақоми адвокатро надошта қарор гирад.
3. Амалӣ намудани фаъолияти адвокатӣ танҳо дар як ташкилоти адвокатӣ мумкин аст.
4. Ташкилоти адвокатҳо ҳамчун навтаъсисёфта ё дар натиҷаи азнавташкилдиҳии шакли ташкилии қаблан мавҷудбудаи фаъолияти адвокатӣ таъсис дода мешавад.
Моддаи 27. Кабинети адвокатӣ
1. Адвокате, ки фаъолияти адвокатиро ба таври инфиродӣ амалӣ кардан мехоҳад, кабинети адвокатӣ таъсис медиҳад.
2. Адвокат дар бораи таъсис додани кабинети адвокатӣ дар мӯҳлати даҳ рӯз ба мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо огоҳнома ирсол менамояд, ки дар он маълумот оид ба адвокат, маҳалли ҷойгиршавии кабинети адвокатӣ, тартиби амалӣ намудани алоқаи электронӣ, телефонӣ, телеграфӣ, почта ва дигар намуди алоқа бо Иттифоқи адвокатҳо ва мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо нишон дода мешаванд.
3. Кабинети адвокатӣ шахси ҳуқуқӣ намебошад.
4. Созишнома дар бораи расонидани ёрии ҳуқуқӣ дар кабинети адвокатӣ байни адвокат ва ваколатдиҳанда баста шуда, дар китобҳои бақайдгирӣ қайд карда мешавад. Адвокате, ки дар кабинети адвокатӣ фаъолият менамояд, дар асоси шартҳои созишномаи басташуда бо ваколатдиҳанда ба тариқи инфиродӣ дар назди ӯ масъул мебошад.
Моддаи 28. Маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ
1. Ду ва зиёда адвокат ҳуқуқи таъсис додани маслиҳатхонаи ҳуқуқиро доранд.
2. Ба муносибатҳое, ки вобаста ба таъсисдиҳӣ, азнавташкилдиҳӣ, барҳамдиҳӣ ва фаъолияти маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ ба миён меоянд, муқаррароти моддаи 29 Қонуни мазкур татбиқ карда мешаванд.
3. Маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ шахси ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ буда, аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ таъсисёфта ҳисобида мешавад.
4. Маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ метавонад танҳо ба коллегияи адвокатҳо табдил дода шавад.
Моддаи 29. Коллегияи адвокатҳо
1. Панҷ ва зиёда адвокат ҳуқуқ доранд коллегияи адвокатҳоро таъсис диҳанд.
2. Коллегияи адвокатҳо шахси ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ мебошад, ки ба аъзогӣ асос ёфтааст ва дар асоси оинномаи тасдиқнамудаи муассисони он (минбаъд - оиннома) ва шартномаи таъсисии аз ҷониби онҳо басташуда амал мекунад.
3. Муассисони коллегияи адвокатҳо танҳо адвокатҳое буда метавонанд, ки маълумот дар бораи онҳо ба Феҳристи ягонаи адвокатҳо ворид карда шудааст.
4. Дар шартномаи таъсисӣ аз ҷониби муассисон шартҳои ба коллегияи адвокатҳо додани молу мулки онҳо, тартиби иштирок кардан дар фаъолияти он, тартиб ва шарти ба коллегияи адвокатҳо қабул кардани аъзои нав, ҳуқуқ ва ӯҳдадории муассисони (аъзои) коллегияи адвокатҳо, тартиб ва шарти баромадани муассисон (аъзо) аз ҳайати он нишон дода мешавад.
5. Оиннома бояд дорои чунин маълумот бошад:
- номи коллегияи адвокатҳо;
- маҳалли ҷойгиршавии коллегияи адвокатҳо;
- мавзуъ ва мақсади фаъолияти коллегияи адвокатҳо (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2023);
- сарчашмаи ташкилшавии молу мулки коллегияи адвокатҳо ва самтҳои истифодашавии он (аз ҷумла мавҷуд будан ё набудани фонди тақсимнашаванда ва самтҳои истифодашавии он);
- тартиби идоракунии коллегияи адвокатҳо;
- тартиби азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии коллегияи адвокатҳо;
- тартиби ба оиннома ворид намудани тағйиру иловаҳо;
- муқаррароти дигаре, ки ба Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд.
6. Иҷрои талаботи шартномаи таъсисӣ ва оиннома аз ҷониби худи коллегияи адвокатҳо ва муассисони (аъзои) он ҳатмист.
7. Барои бақайдгирии давлатии таъсиси коллегияи адвокатҳо ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ариза бо замимаи ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешавад:
- ҳуҷҷатҳои таъсиси коллегияи адвокатҳо, ки моддаи 53 қисми якуми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст;
- протоколи маҷлиси умумии муассисон, ки он бояд аз ҷумла, қарорҳо дар бораи таъсисдиҳӣ, дар бораи тасдиқи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ, дар бораи таъин намудани роҳбари мақоми коллегияи адвокатҳоро дар бар гирад;
- маълумот дар бораи адвокатҳо;
- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи суроғаи ҳуқуқӣ ва маҳалли ҷойгиршавӣ, ки мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод намудааст;
- расид (квитансия) ё нусхаи супориши пардохтӣ дар бораи пардохти боҷи давлатӣ.
8. Дар бораи таъсисдиҳӣ, азнавташкилдиҳӣ ё барҳамдиҳии коллегияи адвокатҳо муассисони он пас аз гузаштани расмиёти муқарраршуда бо мактуби фармоишӣ ба Иттифоқи адвокатҳо огоҳинома ирсол менамоянд.
Дар огоҳинома дар бораи таъсисдиҳӣ, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии коллегияи адвокатҳо бояд дар бораи адвокатҳое, ки дар коллегия фаъолияти адвокатиро амалӣ месозанд, маҳалли ҷойгиршавии коллегияи адвокатҳо, тартиби амалисозии алоқаи электронӣ, телефонӣ, телеграфӣ, почта ва дигар намуди алоқа байни Иттифоқи адвокатҳо ва коллегияи адвокатҳо маълумот мавҷуд бошад. Ба огоҳинома бояд нусхаҳои ба тарзи нотариалӣ тасдиқгардидаи шартномаи таъсисӣ ва оиннома замима карда шаванд.
9. Коллегияи адвокатҳо аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ таъсисёфта ҳисобида мешавад.
10. Коллегияи адвокатҳо ҳуқуқи кушодани филиал ва намояндагиро надорад.
11. Молу мулки коллегияи адвокатҳо бо ҳуқуқи моликият ба коллегияи адвокатҳо тааллуқ дорад.
12. Аъзои коллегияи адвокатҳо оид ба ӯҳдадориҳои он масъул набуда, коллегияи адвокатӣ оид ба ӯҳдадориҳои аъзои худ масъул намебошад.
13. Коллегияи адвокатҳо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба даромадҳое, ки аъзои он бинобар амалӣ кардани фаъолияти адвокатӣ ба даст овардаанд, ҳамчун агенти андоз баромад мекунад, инчунин дар масъалаҳои ҳисоббаробаркунӣ бо ваколатдиҳандагон, шахсони сеюм ва оид ба дигар масъалаҳое, ки ҳуҷҷатҳои таъсисии коллегияи адвокатӣ пешбинӣ намудаанд, намояндаи адвокатҳо мебошад.
14. Коллегияи адвокатҳо ӯҳдадор аст дар бораи тағйирот дар ҳайати адвокатҳо - аъзои коллегияи адвокатҳо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти минтақавии он ва Иттифоқи адвокатҳоро хабардор намояд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2023).
15. Коллегияи адвокатҳо дар ҳолатҳои зерин бояд аз нав ба қайди давлатӣ гирифта шавад:
- ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои таъсисии коллегияи адвокатҳо;
- азнавташкилдиҳии коллегияи адвокатҳо;
- бо қарори суд, ки нисбати азнавташкилдиҳии коллегияи адвокатҳо қабул шудааст;
- дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
16. Коллегияи адвокатҳо барои иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ӯҳдадориҳои агентӣ андоз ё намоянда мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар аст.
17. Созишнома дар бораи расондани ёрии ҳуқуқӣ дар коллегияи адвокатҳо байни адвокат ва ваколатдиҳанда баста шуда, дар ҳуҷҷатгузории коллегияи адвокатҳо ба қайд гирифта мешавад.
Моддаи 30. Бюрои адвокатӣ
1. Агар дар ҳудуди шаҳр ё ноҳия кабинети адвокатӣ, маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ ё коллегияи адвокатҳо мавҷуд набошанд, Иттифоқи адвокатҳо бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ё бо ташаббуси худ метавонад бюрои адвокатиро таъсис диҳад.
2. Пешниҳоди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар бораи таъсис додани бюрои адвокатӣ бояд дорои чунин маълумот бошад:
- дар бораи шаҳр ё ноҳия, ки дар он ташкили бюрои адвокатӣ дархост карда мешавад;
- дар бораи шумораи судяҳо дар ҳамин шаҳр ё ноҳия;
- дар бораи шумораи зарурии адвокатҳо барои ҳамин шаҳр ё ноҳия;
- дар бораи таъминоти моддию техникӣ ва молиявии фаъолияти бюрои адвокатӣ, аз ҷумла дар бораи биное, ки ба бюрои адвокатӣ пешниҳод мегардад, дар бораи воситаҳои ташкилию техникӣ, ки ба бюрои адвокатӣ дода мешаванд.
3. Пас аз мувофиқаи шартҳои пешбининамудаи сархати чоруми қисми 2 ҳамин модда бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ Иттифоқи адвокатҳо дар бораи таъсис додани бюрои адвокатӣ қарор қабул мекунад, номзадии адвокатҳоеро, ки барои кор ба бюрои адвокатӣ равон мегарданд, тасдиқ мекунад ва бо мактуби фармоишӣ дар бораи таъсис додани бюрои адвокатӣ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ огоҳинома мефиристад.
4. Иттифоқи адвокатҳо тартиби ба бюрои адвокатӣ ба кор фиристодани адвокатҳоро тасдиқ менамояд. Ҳамзамон Иттифоқи адвокатҳо метавонад барои адвокатҳои дар бюрои адвокатӣ фаъолияткунанда ҳаққи хизмати иловагӣ пешбинӣ намояд.
5. Ба муносибатҳое, ки вобаста ба таъсисдиҳӣ ва фаъолияти бюрои адвокатӣ ба миён меоянд, муқаррароти моддаи 29 Қонуни мазкур татбиқ карда мешаванд, агар ҳамин модда тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошад.
6. Бюрои адвокатӣ шахси ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ буда, аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ таъсисёфта ҳисобида мешавад.
Моддаи 31. Созишнома дар бораи расонидани ёрии ҳуқуқӣ
1. Фаъолияти адвокатӣ дар асоси созишнома байни адвокат ва ваколатдиҳанда амалӣ мегардад.
2. Созишнома дар шакли хаттӣ байни ваколатдиҳанда ва адвокат (адвокатҳо) барои расондани ёрии ҳуқуқӣ ба худи ваколатдиҳанда ва шахси таъиннамудаи ӯ баста мешавад. Ҳолатҳои бекор кардани созишнома дар бораи расонидани ёрии ҳуқуқӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад.
3. Адвокат ҳуқуқ дорад бо ваколатдиҳанда новобаста аз маҳалли зист ё маҳалли ҷойгиршавии он созишнома бандад.
4. Шартҳои асосии созишнома инҳо мебошанд:
- нишон додани адвокате (адвокатҳое), ки ҳамчун вакил иҷрои супоришро қабул намудааст (намудаанд), инчунин ба кадом ташкилоти адвокатӣ тааллуқ доштани ӯ (онҳо);
- матлаби супориш;
- шарт ва андозаи ҳаққи хизмат, ки барои расонидани ёрии хуқуқӣ аз ҷониби ваколатдиҳанда пардохт карда мешавад;
- тартиб ва андозаи ҷуброни хароҷоти адвокат (адвокатҳо), ки бо иҷрои супориш алоқаманд аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки ёрии ҳуқуқии ройгон расонда мешавад;
- шартҳои пардохти хароҷоти воқеии суратгирифтаи адвокат (адвокатҳо) барои андозаи кори иҷрошуда, дар сурати пеш аз мӯҳлат қатъ гаштани созишнома;
- андоза ва хусусияти ҷавобгарии адвокате (адвокатҳое), ки иҷрои супоришро қабул намудааст (намудаанд).
5. Ҳуқуқи адвокат ба ҳаққи хизмат ва ҷуброни хароҷоти марбут ба иҷрои супориш наметавонад бе иҷозати махсуси ваколатдиҳанда ба шахсони сеюм гузарад.
6. Ҳаққи хизмате, ки ваколатдиҳанда ба адвокат пардохт менамояд ва (ё) ба адвокат ҷуброн гардидани хароҷоте, ки бо иҷрои супориш алоқаманд аст, бояд ҳатман ба хазинаи ташкилоти дахлдори адвокатӣ ворид карда шавад ё ба суратҳисоби ташкилоти адвокатӣ бо тартиб ва мӯҳлате, ки созишнома пешбинӣ намудааст, гузаронида шавад.
7. Ҳаққи хизмати адвокате, ки дар мурофиаи судии ҷиноятӣ дар асоси қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, судя ё таъиноти суд ба сифати ҳимоятгар иштирок менамояд, дар асоси қарори дахлдори мақомоти номбаршуда аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ пардохт карда мешавад. Хароҷот ба ин мақсад дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи буҷети давлатӣ барои соли навбатии молиявӣ дар моддаи алоҳида пешбинӣ карда мешавад.
8. Андоза ва тартиби пардохти ҳаққи хизмат барои адвокате, ки ба сифати ҳимоятгар дар мурофиаи судии ҷиноятӣ дар асоси қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, судя ё таъиноти суд иштирок менамояд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
9. Бо мақсади расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа адвокат бо маркази ёрии ҳуқуқӣ созишнома баста, ба феҳристи давлатии адвокатҳои расонандаи ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа дохил карда мешавад. Адвокат ӯҳдадор аст, ки бо даъвати маркази ёрии ҳуқуқӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ" ба назди таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё судя фавран ҳозир шавад (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1704).
10. Ҳаққи хизмати адвокате, ки барои расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа ба сифати ҳимоятгар дар пешбурди парвандаи ҷиноятӣ ва парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё дар мурофиаи судии гражданӣ ба сифати намоянда иштирок намудааст, бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ" пардохт карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1704, аз 03.01.2024 № 2023).
Моддаи 32. Расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон
1. Узви Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони зерин ёрии ҳуқуқии ройгон мерасонад:
- ба даъвогарон дар судҳои марҳилаи якум ҳангоми баррасии парвандаҳо оид ба ситонидани алимент ва барқарор кардан ба кор;
- ба маъюбон ва шахсоне, ки саробони худро дар давраи муқовимати сиёсӣ ва ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даст додаанд ва гурезаҳо (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1704);
- ба шаҳрвандон аз рӯи шикоят оид ба роҳ додани ғалат дар рӯйхати интихобкунандагон;
- ба вакилони мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ ҳангоми додани маслиҳат оид ба масъалаҳои қонунгузорӣ, ки бо иҷрои ваколатҳои вакилии онҳо алоқаманданд;
- ба ноболиғон, агар васӣ ё парастор надошта бошанд;
- ба даъватшавандаҳо ба хизмати ҳарбӣ ва хизматчиёни ҳарбии мӯҳлатнок;
хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1704)
- дар ҳолатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.
2. Номгӯи ҳуҷҷатҳоеро, ки барои гирифтани ёрии ҳуқуқии ройгон зарур аст, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 33. Ёрдамчии адвокат
1. Адвокат ҳуқуқ дорад ёрдамчӣ дошта бошад. Ёрдамчии адвокат шахсе буда метавонад, ки таҳсилоти олӣ ё олии нопурраи ҳуқуқшиносӣ дорад, ба истиснои шахсоне, ки дар қисми 2 моддаи 12 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд. Шумораи ёрдамчиёни авдвокатро Иттифоқи адвокатҳо муайян менамояд.
2. Ёрдамчии адвокат ҳуқуқи мустақилона ба фаъолияти адвокатӣ машғул шуданро надорад. Ёрдамчии адвокат таҳти роҳбарии адвокат фаъолият намуда, супоришҳои алоҳидаи ӯро иҷро менамояд.
3. Ёрдамчии адвокат ӯҳдадор аст сирри давлатӣ ва адвокатиро нигоҳ дорад.
4. Ёрдамчии адвокат аз рӯи шартҳои шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, ки бо ташкилоти адвокатӣ баста шудааст, ба кор қабул карда мешавад.
5. Суғуртаи иҷтимоии ёрдамчии адвокат аз ҷониби ташкилоти адвокатӣ, ки дар он ёрдамчӣ кор мекунад, амалӣ мегардад.
Моддаи 34. Коромӯз - адвокат
1. Адвокате, ки собиқаи адвокатиаш на камтар аз панҷ сол аст, ҳуқуқ дорад коромӯз - адвокат дошта бошад. Коромӯз - адвокат шахсе буда метавонад, ки таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ дорад, ба истиснои шахсоне, ки дар қисми 2 моддаи 12 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд. Мӯҳлати коромӯзӣ аз шаш моҳ то як солро дар бар мегирад.
2. Коромӯз - адвокат ҳуқуқи мустақилона ба фаъолияти адвокатӣ машғул шуданро надорад. Коромӯз - адвокат таҳти роҳбарии адвокат фаъолият намуда, супоришҳои алоҳидаи ӯро иҷро менамояд.
3. Коромӯз - адвокат ӯҳдадор аст сирри давлатӣ ва адвокатиро нигоҳ дорад.
4. Тартиби қабули коромӯз - адвокатро Иттифоқи адвокатҳо муқаррар менамояд.
5. Коромӯзӣ дар назди адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон аст (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2023).
Моддаи 35. Бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси адвокат
1. Барои нигоҳ доштани сатҳи зарурии тайёрии касбӣ ва такмили донишҳои адвокат оид ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷрибаи татбиқи қонунҳо адвокатҳо ӯҳдадоранд дар панҷ сол як маротиба тахассуси худро баланд бардошта, дар назди Комиссияи тахассусӣ аз аттестатсия гузаранд. Тартиби бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва аттестатсияи адвокатҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1237, аз 03.01.2024 № 2023).
2. Муассисаи таълимие, ки такмили ихтисоси адвокатҳоро амалӣ менамояд, аз ҷониби адвокат мустақилона интихоб карда мешавад.
3. Бо мақсади бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси адвокатҳо, Иттифоқи адвокатҳо метавонад Маркази такмили ихтисоси адвокатҳо ё курсҳои махсусро ташкил намояд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2023).
Моддаи 36. Кодекси одоби касбии адвокатҳо
Кодекси одоби касбии адвокатҳоро Анҷумани адвокатҳо қабул мекунад, ки риояи он барои адвокатҳо, ёрдамчиёни онҳо ва коромӯзадвокатҳо ҳатмӣ мебошад.
БОБИ 5. МАҚОМОТИ ИДОРАКУНИИ АДВОКАТҲО
Моддаи 37. Иттифоқи адвокатҳо
1. Иттифоқи адвокатҳо бо мақсади таъмини ёрии баландихтисоси ҳуқуқӣ, дастрас будани он барои аҳолӣ дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили ёрии ҳуқуқии ройгон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагӣ ва ҳимояи манфиатҳои адвокатҳо дар мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияташон, назорати тайёрии касбии адвокатҳо, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси адвокатҳо ва аз ҷониби онҳо риоя гардидани Кодекси одоби касбии адвокатҳо ташкил карда мешавад.
2. Иттифоқи адвокатҳо аз ҷониби Анҷумани адвокатҳо ташкил карда мешавад. Иттифоқи адвокатҳо шахси ҳуқуқӣ буда, тавозуни мустақил дорад, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бонк суратҳисоб ва ҳисобҳои дигар дошта метавонад, инчунин дорои мӯҳр, тамға ва бланк бо ном ва суроғаи худ мебошад.
3. Адвокатҳо оид ба ӯҳдадориҳои Иттифоқи адвокатҳо ва Иттифоқи адвокатҳо оид ба ӯҳдадориҳои адвокатҳо ҷавобгар нестанд.
4. Иттифоқи адвокатҳо дар асоси қарори Анҷумани адвокатҳо ва бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта мешавад.
5. Барои бақайдгирии давлатии Иттифоқи адвокатҳо ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза, ки онро аъзои мақомоти роҳбарикунандаи Иттифоқи адвокатҳо имзо кардаанд ва дар он насаб, ном, номи падар, ҷойи истиқомат ва телефонҳо барои тамос нишон дода шудаанд;
- оинномаи Иттифоқи адвокатҳо бо забони давлатӣ дар ду нусха;
- иқтибос аз протоколи Анҷумани адвокатҳо, ки дар бораи таъсиси Иттифоқи адвокатҳо, тасдиқи оиннома, ташкил кардани мақомоти роҳбарикунанда ва мақоми назорату тафтишии он маълумот дорад;
- маълумот дар бораи муассисони Иттифоқи адвокатҳо - насаб, ном, номи падар, соли таваллуд, ҷои истиқомат, шаҳрвандӣ ва нусхаи шиноснома ё дигар ҳуҷҷате, ки шахсияти онҳоро тасдиқ мекунад;
- ҳуҷҷати пардохти боҷи давлатӣ;
- ҳуҷҷат дар бораи нишонии (маҳалли ҷойгиршавии) мақомоти роҳбарикунандаи Иттифоқи адвокатҳо;
- протоколи маҷлисҳои таъсисии мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо.
6. Оинномаи Иттифоқи адвокатҳо бояд инҳоро пешбинӣ намояд:
- ном, мақсади фаъолияти Иттифоқи адвокатҳо;
- сохтори Иттифоқи адвокатҳо, мақомоти роҳбарикунанда ва назорату тафтишии Иттифоқи адвокатҳо;
- шартҳо ва тартиби ба даст овардан ва гум кардани узвият дар Иттифоқи адвокатҳо, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои аъзои Иттифоқи адвокатҳо;
- ваколат ва тартиби ташкили мақомоти роҳбарикунандаи Иттифоқи адвокатҳо, мӯҳлат ва ваколати онҳо, маҳалли ҷойгиршавии мақомоти доимии роҳбарикунанда;
- тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба оинномаи Иттифоқи адвокатҳо;
- сарчашмаҳои ташаккули маблағҳо ва дигар молу мулки Иттифоқи адвокатҳо, ҳуқуқи Иттифоқи адвокатҳо ва мақомоти минтақавии он оид ба идоракунии молу мулк.
7. Азнавташкилдиҳии Иттифоқи адвокатҳо мумкин нест.
8. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо як Иттифоқи адвокатҳо таъсис ёфта, ҳуқуқ дорад, ки воҳидҳои сохтории минтақавии худро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ташкил намояд. Ба ташкил кардани дигар сохторҳои байниминтақавӣ ва байниҳудудӣ роҳ дода намешавад.
9. Қарорҳои мақомоти Иттифоқи адвокатҳо, ки дар доираи ваколати онҳо қабул гардидаанд, барои мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо ва ҳамаи адвокатҳо ҳатмӣ мебошад.
10. Иттифоқи адвокатҳо ҳуқуқ надорад фаъолияти адвокатиро аз номи худ амалӣ намояд, инчунин ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шавад.
11. Иттифоқи адвокатҳо ва мақомоти минтақавии он уҳдадоранд ба Комиссияи тахассусӣ маълумот оид ба фаъолияти худ, раванди назорати фаъолияти касбии адвокатҳо, баррасии шикояти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ нисбат ба адвокатҳо, инчунин маълумоти дигари барои фаъолияти Комиссияи тахассусӣ заруриро ҳар шаш моҳ ва вобаста ба ҳолатҳои дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи 22 Қонуни мазкур пешбинишуда ҳар моҳ пешниҳод намоянд. Иттифоқи адвокатҳо нусхаи қарорҳои қабулшударо вобаста ба масъалаҳои дар сархатҳои якум, дуюм, сеюм, чорум, даҳум, сенздаҳум ва чордаҳуми қисми 3 моддаи 38, сархатҳои дувоздаҳум ва чордаҳуми қисми 4 моддаи 39 Қонуни мазкур пешбинишуда дар давоми 3 рӯз пас аз қабули онҳо бо замимаи нусхаи санадҳои дахлдор ба Комиссияи тахассусӣ барои маълумот пешниҳод менамояд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2023).
Моддаи 38. Анҷумани адвокатҳо
1. Мақоми олии Иттифоқи адвокатҳо Анҷумани адвокатҳо мебошад. Анҷумани навбатии адвокатҳо дар ду сол як маротиба даъват карда мешавад. Анҷумани адвокатҳо дар мавриде салоҳиятнок ҳисобида мешавад, ки дар кори он на камтар аз се ду ҳиссаи вакилони ба Анҷумани адвокатҳо интихобгардида иштирок дошта бошанд.
2. Анҷумани ғайринавбатии адвокатҳо аз ҷониби Раёсати Иттифоқи адвокатҳо дар мавридҳои зарурӣ даъват карда мешавад. Инчунин Анҷумани ғайринавбатии адвокатҳо метавонад бо ташаббуси яке аз мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо тибқи қарори Раёсати Иттифоқи адвокатҳо даъват карда шавад.
3. Анҷумани адвокатҳо дорои ваколатҳои зерин аст:
- Оинномаи Иттифоқи адвокатҳоро қабул ва ба он тағйиру иловаҳо ворид менамояд;
- Кодекси одоби касбии адвокатҳоро қабул ва ба он тағйиру иловаҳо ворид менамояд;
- аъзои Раёсати Иттифоқи адвокатҳо ва раиси Раёсати Иттифоқи адвокатҳоро ба мӯҳлати чор сол интихоб менамояд, инчунин оид ба пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ваколатҳои аъзо ва раиси Раёсати Иттифоқи адвокатҳо қарор қабул менамояд;
- андоза ва тартиби пардохти ҳаққи узвияти адвокатҳоро муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2023);
- сметаи хароҷотро барои таъмини фаъолияти Иттифоқи адвокатҳо тасдиқ менамояд;
- андозаи музди меҳнати раис ва муовини раиси Иттифоқи адвокатҳо ва роҳбарони мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳоро дар доираи сметаи хароҷоте, ки барои таъмини фаъолияти Иттифоқи адвокатҳо тасдиқ шудааст, муайян мекунад;
- ҳисоботи Раёсати Иттифоқи адвокатҳо, аз ҷумла оид ба иҷрои сметаи хароҷот барои таъмини фаъолияти Иттифоқи адвокатҳоро тасдиқ менамояд;
- аъзои Комиссияи ревизионии Иттифоқи адвокатҳоро ба мӯҳлати ду сол интихоб намуда, ҳисоботи онро доир ба натиҷаи фаъолияти хоҷагию молиявии Иттифоқи адвокатҳо тасдиқ менамояд;
- аъзои Комиссияи интизомии Иттифоқи адвокатҳоро интихоб мекунад;
- дастури Анҷумани адвокатҳоро тасдиқ менамояд;
- маҳалли ҷойгиршавии Раёсати Иттифоқи адвокатҳоро муайян менамояд;
- ҷадвали воҳидҳои кории дастгоҳи Иттифоқи адвокатҳоро тасдиқ менамояд;
- Низомномаи мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳоро тасдиқ менамояд;
- Низомномаи Комиссияи ревизионӣ ва Комиссияи интизомии Иттифоқи адвокатҳоро тасдиқ менамояд;
- дигар ваколатҳоро, ки Қонуни мазкур ва Оинномаи Иттифоқи адвокатҳо пешбинӣ намудаанд, амалӣ менамояд.
Моддаи 39. Раёсати Иттифоқи адвокатҳо
1. Раёсати Иттифоқи адвокатҳо мақоми дастаҷамъонаи иҷроияи доимоамалкунандаи Иттифоқи адвокатҳо дар байни анҷуманҳои адвокатҳо мебошад.
2. Раёсати Иттифоқи адвокатҳо аз ҷониби Анҷумани адвокатҳо бо роҳи овоздиҳии пинҳонӣ бо теъдоди 9 нафар аз ҳайати аъзои Иттифоқи адвокатҳо ба мӯҳлати чор сол интихоб карда мешавад.
3. Раиси Раёсати Иттифоқи адвокатҳо ва муовини ӯ наметавонанд зиёда аз ду мӯҳлат пай дар пай ба вазифа интихоб шаванд.
4. Раёсати Иттифоқи адвокатҳо дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- аз ҳайати худ муовини раиси Раёсати Иттифоқи адвокатҳоро ба мӯҳлати чор сол интихоб менамояд;
- шумораи дар Анҷумани адвокатҳо иштирок доштани вакилон, инчунин тартиби интихоби онҳоро муайян менамояд;
- дастрасии ёрии ҳуқуқиро дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ёрии ҳуқуқии ба шаҳрвандон ба тариқи ройгон расонидашавандаро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;
- бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ё бо ташаббуси худ оид ба таъсис додани бюрои адвокатӣ дар маҳалҳо қарор қабул менамояд;
- тартиби таъмини расонидани ёрии ҳуқуқиро аз ҷониби адвокатҳо, ки дар асоси қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, судя ё таъиноти суд ба сифати ҳимоятгар дар парвандаҳои ҷиноятӣ иштирок менамоянд, муайян мекунад. Ин тартибро ба маълумоти мақомоти мазкур ва адвокатҳо мерасонад, инчунин аз тарафи адвокатҳо иҷро шудани ин тартибро назорат мебарад;
- барои бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси адвокатҳо мусоидат мекунад, ҳамчунин тартиби ягонаи омӯзонидани коромӯз-адвокатҳоро таҳия ва тасдиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2023);
- масъалаҳои боздоштани мақоми адвокатро ҳал менамояд;
- ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ва касбии адвокатҳоро ҳифз менамояд;
- барои таъмин намудани ташкилоти адвокатӣ бо биноҳои (ҳуҷраҳои) корӣ мусоидат менамояд;
- таъминоти иттилоотии адвокатҳо, инчунин мубодилаи таҷрибаи касбии адвокатҳоро байни худ ташкил менамояд;
- фаъолияти методиро амалӣ месозад;
- Анҷумани навбатӣ ва ғайринавбатии адвокатҳоро даъват менамояд, рӯзномаи пешакии онҳоро омода месозад;
- молу мулки Иттифоқи адвокатҳоро тибқи сметаи хароҷот ва таъинот ихтиёрдорӣ менамояд;
- дастури Раёсати Иттифоқи адвокатҳоро тасдиқ менамояд;
- баҳисобгирии ташкилотҳои адвокатиро амалӣ менамояд;
- фаъолияти мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳоро ҳамоҳанг месозад;
- ҳангоми гузаронидани экспертиза ва муҳокимаи пешакии лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иштирок менамояд;
- ба Комиссияи тахассусӣ оид ба қатъ намудани мақоми адвокат пешниҳод ирсол менамояд;
- дигар ваколатҳоро, ки Қонуни мазкур ва Оинномаи Иттифоқи адвокатҳо пешбинӣ намудаанд, амалӣ менамояд.
5. Дар сурати аз ҷониби Раёсати Иттифоқи адвокатҳо иҷро накардан ё ба таври номатлуб иҷро кардани муқаррароти Қонуни мазкур, ваколатҳои он метавонад пеш аз мӯҳлат дар Анҷумани адвокатҳо қатъ карда шавад.
6. Маҷлисҳои Раёсати Иттифоқи адвокатҳо аз ҷониби раиси Раёсат аз рӯи зарурат, вале на камтар аз як маротиба дар се моҳ даъват карда мешаванд. Маҷлис дар мавриди иштироки на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои Раёсати Иттифоқи адвокатҳо салоҳиятнок ҳисобида мешавад.
7. Қарори Раёсат бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои Раёсати Иттифоқи адвокатҳо, ки дар маҷлиси он иштирок менамоянд, қабул карда мешавад ва иҷрои он барои ҳамаи аъзои Иттифоқи адвокатҳо ҳатмӣ мебошад. Раёсати Иттифоқи адвокатҳо метавонад қарору санадҳои хилофи қонунгузорӣ қабулнамудаи мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳоро бекор намояд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2023).
8. Раиси Раёсати Иттифоқи адвокатҳо дар як вақт Раиси Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
9. Раиси Раёсати Иттифоқи адвокатҳо:
- дар муносибат бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияташон, Иттифоқи адвокатҳоро муаррифӣ намуда, аз номи Иттифоқи адвокатҳо бе ваколатнома амал менамояд;
- ваколатномаҳо медиҳад;
- аз номи Иттифоқи адвокатҳо созишномаҳо мебандад;
- бо қарори Раёсати Иттифоқи адвокатҳо тибқи смета ва таъиноти молу мулк онро ихтиёрдорӣ менамояд;
- кормандони дастгоҳи Иттифоқи адвокатҳоро ба кор қабул ва аз кор озод менамояд;
- маҷлиси Раёсати Иттифоқи адвокатҳоро даъват менамояд;
- иҷрои қарорҳои Раёсати Иттифоқи адвокатҳо ва қарорҳои Анҷумани адвокатҳоро таъмин менамояд.
10. Раис, муовини ӯ ва дигар аъзои Раёсати Иттифоқи адвокатҳо метавонанд дар Раёсати Иттифоқи адвокатҳо кор карда, ҳамзамон ба фаъолияти адвокатӣ машғул шаванд.
11. Раёсати Иттифоқи адвокатҳо ҳуқуқ надорад аз номи худ фаъолияти адвокатиро амалӣ намояд, инчунин ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шавад.
Моддаи 40. Комиссияи ревизионии Иттифоқи адвокатҳо
1. Комиссияи ревизионии Иттифоқи адвокатҳо барои амалӣ сохтани назорати фаъолияти молиявию хоҷагии Иттифоқи адвокатҳо ва мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо аз ҳисоби аъзои Иттифоқи адвокатҳо ба мӯҳлати ду сол интихоб карда мешавад.
2. Дар бораи натиҷаҳои кори худ Комиссияи ревизионии Иттифоқи адвокатҳо дар назди Анҷумани адвокатҳо ҳисоботдиҳанда мебошад.
3. Аъзои Комиссияи ревизионии Иттифоқи адвокатҳо метавонанд фаъолияти хизматии худро бо фаъолияти адвокатӣ якҷоя намоянд. Онҳо ҳуқуқ надоранд дар Иттифоқи адвокатҳо дигар вазифаи интихобиро ишғол намоянд.
Моддаи 41. Комиссияи интизомии Иттифоқи адвокатҳо
1. Барои амалӣ намудани назорат аз рӯи фаъолияти касбии адвокатҳо аз ҳисоби аъзои Иттифоқи адвокатҳо Комиссияи интизомии Иттифоқи адвокатҳо интихоб карда мешавад.
2. Комиссияи интизомии Иттифоқи адвокатҳо фаъолияташро дар асоси Қонуни мазкур, Оинномаи Иттифоқи адвокатҳо, Кодекси одоби касбии адвокатҳо ва Низомномаи Комиссияи интизомии Иттифоқи адвокатҳо амалӣ намуда, аз натиҷаи фаъолияти худ ба Анҷумани адвокатҳо ҳисобот медиҳад.
3. Аъзои Комиссияи интизомии Иттифоқи адвокатҳо метавонанд фаъолияти худро дар Комиссияи интизомӣ бо фаъолияти адвокатӣ якҷоя намоянд. Онҳо ҳуқуқ надоранд дар Иттифоқи адвокатҳо дигар вазифаи интихобиро ишғол намоянд.
4. хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2023).
Моддаи 42. Молу мулки Иттифоқи адвокатҳо
1. Молу мулки Иттифоқи адвокатҳо аз ҳисоби ҳаққи узвият, грантҳо, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаанд ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, ташаккул меёбад. Маблағи ҳаққи узвият бевосита ба суратҳисоби Иттифоқи адвокатҳо пардохт карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2023).
2. Ба хароҷот барои эҳтиёҷоти умумии Иттифоқи адвокатҳо хароҷот барои ҳаққи хизмати адвокатҳо, ки дар мақомоти Иттифоқи адвокатҳо кор мекунанд, ҷуброни хароҷоти ин адвокатҳо, ки бо кор дар ин мақомот алоқаманд аст, хароҷоти музди меҳнати кормандони дастгоҳи Иттифоқи адвокатҳо, таъминоти моддии фаъолияти Иттифоқи адвокатҳо ва дигар хароҷоте, ки сметаи хароҷот барои таъмини фаъолияти Иттифоқи адвокатҳо пешбинӣ намудааст, дохил мешаванд.
Моддаи 43. Мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо
1. Мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо воҳидҳои сохтории Иттифоқи адвокатҳо буда, адвокатҳои дар як минтақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунандаро муттаҳид мекунанд. Мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо оид ба фаъолияти худ дар назди Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошанд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2023).
2. Мақоми минтақавии Иттифоқи адвокатҳо дорои номи худ мебошад, ки ишора ба шакли ташкилии он ва минтақаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар ҳудуди он вай таъсис ёфтааст, дар бар мегирад.
3. Мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо бо мақсади таъмини ёрии баландихтисоси ҳуқуқӣ, дастрасии он барои аҳолӣ дар ҳудуди дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили ёрии ҳуқуқии ройгон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагӣ ва ҳимояи манфиатҳои адвокатҳо дар мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияташон, назорати тайёрии касбии адвокатҳо ва аз ҷониби онҳо риоя гардидани Кодекси одоби касбии адвокатҳо ташкил карда мешаванд.
4. Мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо аз ҷониби Анҷумани адвокатҳо таъсис дода мешаванд. Мақоми минтақавии Иттифоқи адвокатҳо воҳиди сохторӣ буда, тавозуни мустақил дорад, дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бонкҳо суратҳисоб ва дигар ҳисобҳо мекушояд, инчунин дорои мӯҳр, тамға ва бланк бо номи худ бо ишора ба шакли ташкилии он ва минтақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди он таъсис ёфтааст, мебошад.
5. Адвокатҳо аз рӯи ӯҳдадориҳои мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо, мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо бошад, аз рӯи ӯҳдадориҳои адвокатҳо масъул намебошанд.
6. Мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо дар асоси қарори маҷлиси таъсисии адвокатҳо ва бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ба қайди давлатӣ гирифта мешаванд.
7. Мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо мавриди азнавташкилдиҳӣ қарор дода намешаванд.
8. Дар ҳудуди ҳар як минтақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад танҳо як мақоми минтақавии Иттифоқи адвокатҳо ташкил карда шавад, ки он ҳуқуқ надорад воҳидҳои сохтории худро дар ҳудуди дигар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис диҳад.
9. Қарорҳои мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо, ки дар доираи ваколатҳои онҳо қабул карда шудаанд, барои ҳамаи адвокатҳои мақомоти дахлдори минтақавии Иттифоқи адвокатҳо ҳатмӣ мебошанд.
10. Мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо ҳуқуқ надоранд фаъолияти адвокатиро аз номи худ амалӣ намоянд, инчунин ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шаванд.
11. Мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо барои корҳои ташкилӣ оид ба расонидани ёрии ҳуқуқии марказонидашудаи ройгон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин барои иштироки адвокатҳо ба сифати ҳимоятгар дар мурофиаи судии ҷиноятӣ бо қарори мақомоти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ, прокурор, судя ё таъиноти суд масъул мебошанд.
Моддаи 44. Иттиҳодияҳои ҷамъиятии адвокатҳо
Адвокатҳо ҳуқуқ доранд мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияҳои ҷамъиятии адвокатҳоро ташкил кунанд ва ё аъзои (иштирокчии) иттиҳодияи ҷамъиятии адвокатҳо бошанд. Иттиҳодияҳои ҷамъиятии адвокатҳо ҳуқуқ надоранд вазифаҳои ташкилотҳои адвокатӣ, Иттифоқи адвокатҳо ва мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳоро амалӣ намоянд.
БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ДАВРАИ ГУЗАРИШ
Моддаи 45. Соҳиб шудан ба мақоми адвокат
1. Адвокатҳое, ки дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур фаъолият менамоянд ва ба талаботи қисмҳои 1 ва 2 моддаи 12 Қонуни мазкур ҷавобгӯ мебошанд, фаъолияташонро пас аз мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур дар давоми понздаҳ моҳ идома медиҳанд. Агар онҳо мақсади идома додани фаъолияти адвокатиро дошта бошанд, бояд дар ин мӯҳлат мақоми адвокатро мутобиқи талаботи Қонуни мазкур соҳиб шаванд (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1311).
2. Дар давраи гузариш намояндагони адвокатҳо аз панҷ минтақаи кишвар як нафарӣ (Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ) дар ҷаласаҳои якҷояи ташкилотҳои адвокатӣ ва адвокатҳои ваколатдор ба Комиссияи тахассусӣ интихоб карда мешаванд. Номзадии шахси интихобшуда дар мӯҳлати на дертар аз як моҳ аз рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
3. То ташкил шудани мақомоти минтақавии Итифоқи адвокатҳо иҷрои ваколатҳои онҳо оид ба иҷозат додан ба имтиҳони тахассусӣ, ки дар моддаи 14 Қонуни мазкур пешбинӣ шудааст, ба Комиссияи тахассусӣ вогузор карда мешавад.
4. Пас аз интихоб намудани аъзои Комиссияи тахассусӣ аз ҷониби Анҷумани адвокатҳо ваколати панҷ нафар адвокатҳое, ки аз минтақаҳо ба аъзогии Комиссияи тахассусӣ интихоб гардидаанд, қатъ гардида, ба онҳо мақоми адвокат бе супоридани имтиҳони тахассусӣ дода мешавад.
5. Ташкилотҳои адвокатие, ки то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамоянд, дар мӯҳлати як моҳ аз рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ба Комиссияи тахассусӣ бояд рӯйхати адвокатҳои фаъолияткунандаро пешниҳод намоянд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1237).
Моддаи 46. Баргузории маҷлисҳои таъсисии мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо
1. Ташкилотҳои адвокатие, ки то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ташкил шудаанд, адвокатҳои ваколатдор ва адвокатҳое, ки мутобиқи Қонуни мазкур мақоми адвокатро соҳиб шудаанд, дар давоми чор моҳ аз рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур маҷлисҳои таъсисии мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳоро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор менамоянд.
2. Ташкилотҳои адвокатие, ки то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур таъсис ёфтаанд, адвокатҳои ваколатдор ва адвокатҳое, ки мутобиқи Қонуни мазкур мақоми адвокатро соҳиб шудаанд, дар маҷлисҳои умумии худ вакилонро ба маҷлиси таъсисии минтақавии адвокатҳо аз рӯи меъёри як вакил аз даҳ адвокат интихоб менамоянд.
3. Маҷлиси таъсисии мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо ҳамон вақт салоҳиятнок ҳисобида мешавад, ки агар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони он ҳузур дошта бошанд.
4. Маҷлиси таъсисии мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо даҳ нафарӣ вакилро ба Анҷумани якуми адвокатҳо интихоб менамояд.
5. Кушодани маҷлиси таъсисии адвокатҳо ба адвокати синнаш аз ҳама калон, ки дар ҳамин маҷлис иштирок мекунад, супорида мешавад. Барои бурдани ҷаласа вакилоне, ки дар маҷлис иштирок доранд аъзои Раёсатро интихоб мекунанд.
6. Қарорҳои маҷлиси таъсисии минтақавии адвокатҳо бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилон, ки дар маҷлиси мазкур иштирок доранд, қабул карда мешавад.
7. Ба ҳайати вакилони Анҷумани якуми адвокатҳо метавонанд ҳамчунин адвокатҳои дар маҷлиси таъсисии минтақавии адвокатҳо иштирокнадошта интихоб карда шаванд.
8. Тайёр кардани ҳуҷҷатҳои Анҷумани якуми адвокатҳо ба Кумитаи тадорукот, ки аз ҳисоби вакилони интихобшуда таъсис дода мешавад, вогузор карда мешавад.
Моддаи 47. Гузаронидани Анҷумани якуми адвокатҳо
1. Кумитаи тадорукот гузаронидани Анҷумани якуми адвокатҳоро дар давоми шаш моҳ аз рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ташкил менамояд ва вақту маҳалли гузаронидани онро муайян мекунад.
2. Агар дар кори Анҷумани якуми адвокатҳо аз се ду ҳиссаи вакилон иштирок намуда бошанд, он босалоҳият ҳисобида мешавад.
3. Анҷумани якуми адвокатҳоро вакили синнаш аз ҳама калони иштирокдошта кушода, онро то интихоб шудани раиси Раёсати Иттифоқи адвокатҳо мебарад. Барои бурдани маҷлис вакилони анҷуман Раёсатро интихоб мекунанд.
4. Вакилон Дастури муваққатии Анҷумани якумро тасдиқ менамоянд.
5. Анҷумани якуми адвокатҳо мақомоти Иттифоқи адвокатҳоро ташкил намуда, иҷрои вазифаҳои дар моддаи 38 Қонуни мазкур пешбинигардидаро амалӣ менамояд.
6. Қарорҳои Анҷумани якуми адвокатҳо бо тарафдории аксарияти вакилон қабул карда мешаванд.
7. Ба ҳайати мақомоти Иттифоқи адвокатҳо метавонанд адвокатҳое, ки вакилони Анҷумани якум нестанд, интихоб шаванд.
Моддаи 48. Ба тартиб даровардани шакли ташкилии ташкилотҳои адвокатие, ки то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ташкил шудаанд
1. Ба тартиб даровардани шакли ташкилии ташкилотҳои адвокатӣ, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолияти адвокатиро амалӣ менамоянд ва то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ташкил шудаанд, мувофиқи муқаррароти Қонуни мазкур ва бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин модда амалӣ карда мешавад.
2. Баъди бақайдгирии Иттифоқи адвокатҳо, ташкилотҳои адвокатие, ки то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур таъсис ёфтаанд, ҳуқуқ надоранд вазифаи Иттифоқи адвокатҳо ва ё мақомоти онро, ки Қонуни мазкур муайян намудааст, амалӣ намоянд.
3. Дар муддати шаш моҳ аз рӯзи бақайдгирии Иттифоқи адвокатҳо, ташкилотҳои адвокатӣ, ки то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур таъсис ёфтаанд, ӯҳдадоранд шакли ташкилии худро ба талаботи Қонуни мазкур мувофиқ намоянд.
4. Ба тартиб даровардани шакли ташкилии ташкилотҳои адвокатие, ки то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ташкил шудаанд, дар асоси Қонуни мазкур бо қарори маҷлиси умумии ташкилоти адвокатии дахлдор бо роҳи азнавташкилдиҳӣ (муттаҳидшавӣ, ҳамроҳшавӣ, тақсимшавӣ, ҷудошавӣ, табдилдиҳӣ)-и он ба як ва ё якчанд шакли ташкилии ташкилоти адвокатие, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, анҷом дода мешавад.
5. Назорати иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни гузаронидани азнавташкилдиҳии ташкилотҳои адвокатие, ки то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур таъсис ёфтаанд, аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти минтақавии он амалӣ карда мешавад.
6. Бо Қонуни мазкур ҳуқуқи адвокатҳое, ки дар маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ фаъолият намуда, ҷудошавии онро аз коллегияи адвокатҳои то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ташкилшуда бо табдилдиҳии чунин маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ ба ташкилоти ғайритиҷоратии яке аз шаклҳои ташкилии пешбининамудаи Қонуни мазкур талаб менамоянд, эътироф карда мешавад. Қарор оид ба ҷудо шудани маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ бо табдилдиҳии он ба маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ ё коллегияи адвокатӣ бо тарафдории аз се ду ҳиссаи ҳайати адвокатҳои ба рӯйхат дохилбуда, ки дар маслиҳатхонаи ҳуқуқии дахлдор дар рӯзи бақайдгирии Иттифоқи адвокатҳо фаъолият менамоянд, қабул карда мешавад. Зимнан, муассисони (аъзои) маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ ё коллегияи адвокатии аз нав таъсисёфта танҳо адвокатҳое, ки шартномаи таъсисиро бастаанд, шуда метавонанд.
7. Қарори адвокатҳои маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ оид ба ҷудо шудан аз коллегияи адвокатҳо, ки то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ташкил шудаанд, бояд дар мӯҳлати ду моҳ аз рӯзи бақайдгирии Иттифоқи адвокатҳо бо мактуби фармоишӣ ба коллегияи адвокатҳо, ки то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ташкил шудааст, инчунин ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти минтақавии он ирсол карда шавад. Қарори мазкур аз ҷониби маҷлиси умумии коллегияи адвокатҳо, ки то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ташкил шудааст, дар муддати чор моҳ аз рӯзи бақайдгирии Иттифоқи адвокатҳо баррасӣ карда мешавад.
8. Ҳуқуқ ва ӯҳададориҳои ташкилоти адвокатии азнавташкилшуда, ки то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур таъсис ёфтааст, ба шахси ҳуқуқии аз нав таъсисёфта дар асоси тавозуни тақсимотӣ мегузарад. Зимнан ба шахси ҳуқуқии аз нав таъсисёфта молу мулк ба тариқи асл ва ҳуқуқҳои молу мулкии пештар дар истифодаи маслиҳатхонаи ҳуқуқии дахлдор қарордошта мегузарад.
9. Талабот оид ба додани ҳуқуқи молумулкӣ бояд дар муддати ду моҳ аз рӯзи бақайдгирии Иттифоқи адвокатҳо бо мактуби фармоишӣ ба мақомоти болоии ташкилоти адвокатҳо, ки то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ташкил шудааст, инчунин ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда мешавад. Талаботи мазкур бояд аз ҷониби маҷлиси умумии ташкилоти адвокатҳо, ки то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур таъсис ёфтааст, дар мӯҳлати чор моҳ аз рӯзи бақайдгирии Иттифоқи адвокатҳо баррасӣ карда шавад.
10. Дар натиҷаи қонеъ намудани талаботи пешбининамудаи қисмҳои 6 ва 9 ҳамин модда ташкилоти адвокатҳо, ки то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур таъсис ёфтааст, дар асоси санади супоридан ҳуқуқ ба соҳибмулкиро нисбати молу мулки маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ ба адвокатҳое, ки дар маслиҳатхонаҳои ҳуқуқии дахлдор фаъолият мекунанд ба шарти бо ҳиссаҳои баробар аз ин ҳиссаҳо ташкил намудани фонди тақсимнашавандаи маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ ё коллегияи адвокатии нав таъсисёфта медиҳад.
11. Адвокатҳое, ки дар ҳайати ташкилотҳои адвокатии то мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур таъсисёфта мебошанд, баъд аз қонеъ намудани талаботи пешбининамудаи қисмҳои 6 ва 9 ҳамин модда ҳуқуқ доранд дар хусуси ба як ё якчанд шакли ташкилии ташкилоти адвокатии пешбининамудаи Қонуни мазкур табдилдиҳии (тақсимшавии) ташкилоти адвокатҳое, ки то мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур таъсис ёфтааст, қарор қабул намоянд.
12. Тақсимшавии ташкилоти адвокатҳое, ки то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур таъсис ёфтааст, ба ду ва зиёда ташкилоти адвокатӣ бо талаби на кам аз нисфи адвокатҳои аъзои ташкилоти адвокатҳои азнавташкилшаванда, ки дар ҳайати ташкилоти адвокатҳо баъд аз қонеъ намудани талаботи қисми 6 ҳамин модда мондаанд, амалӣ карда мешавад. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ташкилоти адвокатҳои азнавташкилшаванда дар асоси тавозуни тақсимотӣ ба шахсони ҳуқуқие, ки дар натиҷаи тақсимкунӣ аз нав таъсис ёфтаанд, мегузарад. Тақсимоти ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ташкилоти адвокатии азнавташкилшаванда, ки то мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур таъсис ёфтааст, дар байни шахсони ҳуқуқии навтаъсисёфта, мутаносибан бо шумораи адвокатҳое, ки иштирокчиёни шахсони ҳуқуқии навтаъсисёфта мебошанд, ба роҳ монда мешавад. Шахсони ҳуқуқие, ки дар натиҷаи тақсимшавии ташкилоти адвокатии то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ташкилшуда мебошанд, ҳуқуқ надоранд ном ва рамзи ташкилоти адвокатии пештар ташкилшударо истифода баранд.
13. Талабот оид ба тақсимшавии ташкилоти адвокатие, ки то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ташкил шудааст, ба ду ва ё зиёда ташкилоти адвокатӣ бояд дар муддати чор моҳ аз рӯзи бақайдгирии Иттифоқи адвокатҳо бо мактуби фармоишӣ ба мақомоти болоии ташкилоти адвокатӣ, ки то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур таъсис ёфтааст, инчунин ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шавад. Талаботи мазкур аз ҷониби маҷлиси умумии ташкилоти адвокатҳое, ки то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур таъсис ёфтааст, дар муддати чор моҳ аз рӯзи бақайдгирии Иттифоқи адвокатҳо баррасӣ карда мешавад.
14. Ба як шакли ташкилии пешбининамудаи Қонуни мазкур табдил додани ташкилоти адвокатие, ки то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ташкил шудааст, бо қарори маҷлиси умумӣ, ки бо тарафдории аксарияти овозҳои аъзои ташкилоти адвокатии дахлдор қабул шудааст, ба анҷом расонида мешавад. Зимнан ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ташкилотҳои адвокатии азнавташкилшаванда ба маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ ё коллегияи адвокатии навтаъсис дар асоси санади супоридан мегузарад.
15. Маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ ё коллегияи адвокатҳои аз нав дар рафти азнавташкилдиҳӣ таъсисёфта вориси ҳуқуқии ташкилоти адвокатии то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур дар асоси тавозуни тақсимотӣ ва санади супоридан ташкилшуда мебошанд.
16. Аз рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ташкилотҳои адвокатие, ки то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ташкил шудаанд, ҳуқуқ надоранд гузаронидани аъзои худ ва додани молу мулк миёни маслиҳатхонаҳои ҳуқуқӣ, ҳамчунин бегона кардани молу мулки ташкилоти адвокатҳоро, ки то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ташкил шудаанд, ба истиснои тартиби пешбининамудаи ҳамин модда анҷом диҳанд.
17. Бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқии дар натиҷаи мутобиқ гардонидани ташкилотҳои адвокатии то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур таъсисёфта ба Қонуни мазкур, бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур амалӣ карда мешавад.
18. Ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври илова нусхаи ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешавад:
- қарор оид ба азнавташкилдиҳӣ;
- тавозуни тақсимотӣ ё санади супоридан;
- ҳуҷҷатҳои таъсисии шахсони ҳуқуқии азнавташкилшуда;
- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳолати ворид кардани маълумот дар бораи адвокатҳо-муассисон ба Феҳристи ягонаи адвокатҳо.
19. Ба азнавташкилдиҳии ташкилотҳои адвокатие, ки то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ташкил шудаанд, қоидаҳои азнавташкилшавии шахсони ҳуқуқии муқаррарнамудаи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар онҳо мухолифи ҳамин модда набошанд, татбиқ карда мешаванд.
Моддаи 49. Таъминоти расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин расонидани ёрии ҳуқуқӣ аз рӯи таъинот
1. Ташкилотҳои адвокатӣ дар муддати бист рӯз аз рӯзи бақайдгирӣ ӯҳдадоранд дар хусуси тартиби расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар хусуси тартиби иштироки адвокат ба сифати ҳимоятгар дар мурофиаи судӣ бо таъиноти мақомоти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ, прокурор, судя ё суд қарор қабул намоянд.
2. То қабул кардани қарори дар қисми 1 ҳамин модда пешбинигардида аз ҷониби ташкилоти адвокатӣ масъулият барои расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин барои иштироки адвокатҳо ба сифати ҳимоятгар дар мурофиаи судии ҷиноятӣ бо қарори мақомоти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ, прокурор, судя ё таъиноти суд, ба зиммаи ташкилотҳои адвокатие, ки то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ташкил шудаанд, гузошта мешавад.
БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 50. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 51. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи адвокатура"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 "Дар бораи адвокатура" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1995, №21, мод. 249; с.2001, №7, мод. 487; с.2006, №3, мод. 144) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 52. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
18 марти соли 2015 № 1182
 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИМОЯ ВА ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ СОҲИБКОРӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 15/09/2020 - 11:06
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1107
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
26.07.2014
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
ДАР БОРАИ ҲИМОЯ ВА ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ СОҲИБКОРӢ
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2014, №7, қ. 2, мод. 404; с. 2015, №3, мод. 216;
Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 с., №1436; аз 02.01.2020 с., №1684)
 
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба ҳимоя, дастгирии давлатӣ ва рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим намуда, кафолатҳои давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкориро таъмин мекунад.  (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1194)
 
БОБИ 1.
МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд: 
- ҳимоя ва дастгирии  давлатии соҳибкорӣ – фаъолияти мақомоти  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба татбиқи чорабиниҳои пешбининамудаи барномаҳои давлатӣ ва ҳудудии рушди соҳибкорӣ равона карда шудаанд; (ҚҶТ аз 02.01.20 с., №1684)
- иттиҳодияҳои (ассосиатсияҳои) субъектҳои соҳибкорӣ – ташкилотҳои ғайритиҷоратие, ки аз ҷониби субъектҳои соҳибкорӣ бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияташон, инчунин намояндагӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии субъектҳои соҳибкорӣ таъсис дода мешаванд; 
- мақоми ваколатдори давлатӣ  оид ба ҳимоя ва дастгирии  давлатии  соҳибкорӣ (минбаъд – мақоми ваколатдори давлатӣ)  – мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатие, ки сиёсати давлатиро оид ба дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ амалӣ менамояд;
- соҳибкорӣ – фаъолияти мустақили ба таваккал амалишавандаи шахсони  бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифташудае,  ки барои  ба даст овардани фоида  аз истифодаи молу мулк, истеҳсол, фурӯши мол  (иҷрои кор ё хизматрасонӣ) равона шудааст; (ҚҶТ аз 02.01.20 с., №1684)
- субъектҳои соҳибкорӣ – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие,  ки мутобиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузаштаанд;
- ҳимояи субъекти соҳибкорӣ –  ҳимояи ҳуқуқу  манфиатҳои қонунии субъекти соҳибкорӣ аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- бизнес - инкубатор - шахси ҳукуқие, ки соҳибкори навтаъсисро дар  ҳама марҳилаҳои  фаъолияташ  дастгирӣ менамояд;
- Шӯро оид ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ – мақоми машваратию маслиҳатие, ки дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсис дода мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1194)
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии  соҳибкорӣ 
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1436)
 
Моддаи 3. Шаклҳои соҳибкорӣ 
1. Давлат ҳама гуна шаклҳои  соҳибкории пешбининамудаи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф намуда, ба он иҷозат медиҳад.
2. Соҳибкорӣ тибқи  муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаклҳои зерин амалӣ карда  мешавад:
- бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ;
- бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ;
- бо истифодаи меҳнати кироя;
- бе истифодаи меҳнати кироя.
 
Моддаи 4. Принсипҳои асосии ҳимоя ва дастгирии давлатии  соҳибкорӣ
  Ба принсипҳои асосии ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мансубанд:
- қонуният; 
- шаффофияти фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ; 
- баробарҳуқуқии ҳамаи субъектҳои соҳибкорӣ;
- кафолати  ҳимояи ҳуқуқ ва таъмини фаъолияти озоди субъекти соҳибкорӣ;
- иштироки озоди субъектҳои соҳибкорӣ дар таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба манфиатҳои соҳибкорӣ дахлдошта;
- афзалияти рушди соҳибкории хурд ва миёна.
 
Моддаи 5. Субъектҳои соҳибкорӣ ва намудҳои он
1. Ба субъектҳои соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон   мансубанд:
- шахсони воқеӣ (шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд), ки ба соҳибкорӣ машғуланд;
- шахсони ҳуқуқӣ (ташкилотҳои тиҷоратии резидент ва ғайрирезидент, филиал ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ), ки ба соҳибкорӣ машғуланд.
2. Субъектҳои соҳибкорӣ ба намудҳои зерин ҷудо мешаванд:
- хурд;
- миёна;
- калон.
3. Ба субъектҳои соҳибкории хурд соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқие мансубанд, ки даромади умумии онҳо дар як сол то 1000000 (як миллион) сомонӣ аст. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1194; аз 02.01.20 с., №1684)
4. Ба субъектҳои соҳибкории хурд соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқие, ки ба фаъолиятҳои зерин машғуланд, мансуб нестанд:
- истеҳсоли молҳои зераксизӣ;
- таҳвили алюминийи аввалия;
- фаъолияти бонкӣ  ва суғуртавӣ;
- фаъолияти вобаста ба идоракунии фондҳои сармоягузорӣ;
- фаъолияти касбӣ дар бозори коғазҳои қиматнок.
5. Ба субъектҳои соҳибкории миёна шахсони ҳуқуқие мансубанд, ки даромади умумии онҳо дар як сол аз 1000000 (як миллион) сомонӣ сомонӣ то 25000000 (бисту панҷ миллион) сомонӣ аст. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1194; аз 02.01.20 с., №1684)
6. Ба субъектҳои соҳибкории калон шахсони ҳуқуқие мансубанд, ки даромади умумии онҳо дар як сол аз 25000000 (бисту панҷ миллион) сомонӣ зиёд аст. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1194; аз 02.01.20 с., №1684)
 
Моддаи 6. Бақайдгирии давлатии субъекти соҳибкорӣ
Бақайдгирии давлатии субъекти соҳибкорӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» амалӣ карда мешавад.
 
Моддаи 7. Ҳуқуқҳои субъекти соҳибкорӣ
Субъекти соҳибкорӣ ҳуқуқ дорад:
- ҳамаи намуди фаъолияти соҳибкориеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ намояд;
-  молу мулки корхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатиро бо  тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намояд;
- дар фаъолияти хоҷагидории дигар субъектҳои соҳибкорӣ  иштирок намояд;
- дар асоcи шартнома молу мулки шахсони ҳуқуқӣ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро истифода барад; (ҚҶТ аз 02.01.20 с., №1684)
- барномаи фаъолияти хоҷагидориро тартиб диҳад, таҳвилдиҳандагони мол (кор, хизматрасонӣ) - ро интихоб намояд; (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1194)
- барои эҳтиёҷоти давлат истеҳсоли мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) - ро дар асоси шартнома ба анҷом расонад;
- суратҳисобҳои бонкӣ кушояд, амалиёти муҳосибӣ ва дигар амалиёти молиявиро анҷом диҳад;
- фоидаи  аз фаъолияти соҳибкорӣ бадастовардаро ихтиёрдорӣ ва истифода намояд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз низоми таъминоти давлатии иҷтимоӣ ва суғуртаи иҷтимоӣ истифода намояд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии робитаҳои хориҷии иқтисодӣ бошад, бо амалиёти асъорӣ машғул гардад;
- нархи моли истеҳсолнамуда  (кору хизматрасонии анҷомдода) - ро дар доираи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  мустақилона муайян намояд;
– якҷоя бо дигар субъектҳои соҳибкорӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ассотсиатсияҳои (иттифоқҳои) субъектҳои соҳибкориро таъсис диҳад ё ба онҳо шомил шавад; (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1194)
- дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иштирок намояд;
- дар фаъолияти шӯроҳо оид ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ иштирок намояд;
- ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти давлатии назоратӣ  барои  ба ҷавобгарӣ кашидани шахсоне, ки дар риоя накардани ҳуқуқи субъекти соҳибкорӣ гунаҳкоранд, муроҷиат намояд;
- оид ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худ ба мақомоти судӣ муроҷиат намояд;
- ҳангоми гузаронидани санҷиши фаъолияти субъекти соҳибкорӣ, ки аз ҷониби мақомоти давлатии санҷишӣ ва назоратӣ анҷом дода мешавад, иштирок намояд ва бо маводи санҷишӣ бевосита ва ё тавассути намояндаи ваколатдори худ шинос шавад;
- дар хариди давлатии мол (кор, хизматрасонӣ) бо шартҳои баробар бо дигар иштирокчиён мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намояд; (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1194)
- аз дигар ҳуқуқҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, истифода  барад.
 
Моддаи 8. Ӯҳдадориҳои субъекти соҳибкорӣ
Субъекти соҳибкорӣ ӯҳдадор аст:
- қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқ ва манфиатҳои бо қонун ҳифзшавандаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро риоя намояд;
- мутобиқати моли истеҳсолшуда (кору хизматрасонии анҷомдода)-ро ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат бо шаҳрвандоне, ки онҳоро ба сифати коргари кироя ба кор мегирад, шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ва ҳамчунин бо талаби коллективи меҳнатӣ шартномаи коллективӣ бандад; (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1194)
- барои муттаҳидшавии коргарони кироя ба иттифоқҳои касаба ва мақомоти дигари намояндагии онҳо бо мақсади ҳимояи манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии худ монеъ нашавад;
- ба коргарони кироя на кам аз андозаи ҳадди ақалли музди меҳнати муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон музди меҳнат пардохт намояд;
- оид ба таъмини ҳифзи меҳнат, бехатарии экологӣ, санитарию эпидемиологӣ ва техникаи бехатарӣ  дар асоси меъёрҳои муқарраргардида тадбирҳо андешад;
- андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмиро ба буҷети давлатӣ сари вақт ва пурра пардохт намояд; (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1194)
- ҳангоми муфлисшавӣ иҷрои ӯҳдадориҳои худро дар назди қарздиҳандагон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд;
- ба рақобати носолим ва фаъолияти инҳисорӣ роҳ надиҳад;
- пешбурди дафтари бақайдгирии санҷиши фаъолияти субъекти соҳибкориро таъмин намояд;
– барои амалигардонии намуди фаъолияте, ки ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ё иҷозатномаро талаб менамояд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ё иҷозатнома  гирад; (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1194)
- дигар ӯҳдадориҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, иҷро намояд.
 
Моддаи 9. Ҳифзи сирри тиҷоратӣ ва иттилооти махфӣ дар бораи субъекти соҳибкорӣ
Сирри тиҷоратӣ ва иттилооти махфии субъекти соҳибкорӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1194)
 
Моддаи 10. Санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ
Санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
 
БОБИ 2. 
ТАНЗИМИ  ҲИМОЯ ВА ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ СОҲИБКОРӢ
 
Моддаи 11. Ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ 
1. Ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ карда мешавад.
2. Дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар шакли ҳуқуқӣ, ташкилӣ, молумулкӣ, молиявӣ, иттиллоотӣ ва дигар шаклҳо амалӣ шуда, ба  беҳтар намудани  шароити  соҳибкорӣ ба  низоми зерин асос меёбад:
- бақайдгирии соҳибкорӣ;
- андозбандӣ;
- иҷозатномадиҳӣ ва иҷозатдиҳӣ;
- санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ;
- бақайдгирии молу мулк;
- ҳисоботдиҳӣ;
- суғуртакунӣ; (ҚҶТ аз 02.01.20 с., №1684)
- танзими зиддиинҳисорӣ;
- содда намудани амалиёти воридотию содиротӣ бо назардошти санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон;
-  қарздиҳӣ;
  - мораторияи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ.
 
Моддаи 12. Ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъекти соҳибкорӣ
Ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъекти соҳибкорӣ бо роҳҳои зерин амалӣ  карда мешавад:
- сода  намудани тартиби бақайдгирии субъекти соҳибкорӣ;
- дар асоси муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ маҳдуд кардани  санҷиши фаъолияти субъекти соҳибкорӣ;
- ба суд  шикоят овардани мақоми ваколатдори давлатӣ аз амали (беамалии) шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъекти фаъолияти соҳибкориро халалдор мекунанд;
- ҳисоб кардани собиқаи меҳнатии соҳибкори инфиродӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
 - истифодаи дигар усулҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст. 
 
Моддаи 13. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ
 
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ мансубанд:
- назорати татбиқ намудани сиёсати давлатӣ оид ба дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ;
- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ;
- тасдиқи барномаҳои дастгирии давлатии соҳибкорӣ; (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1194)
- қабул ва тасдиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзим-кунандаи фаъолияти соҳибкорӣ;
- таъсис додани Фонди дастгирии давлатии соҳибкорӣ;
- таъсис додани бизнес – инкубаторҳо;
- муайян намудани ҳаҷми маблағҳои буҷети давлатӣ барои татбиқи барномаҳои дастгирии давлатии соҳибкорӣ;
- фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузорон, ташкилотҳои байналмилалӣ (грантдиҳандагон) оид ба масъалаҳои дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ;
- амалӣ намудани дигар салоҳияте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
 
Моддаи 14. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ 
Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дохил мешаванд:
- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ оид ба дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ;
- таҳия ва татбиқи барномаҳои дастгирӣ ва рушди cоҳибкорӣ;
- таҳлили муҳити соҳибкорӣ, омӯзиш, мониторинг ва пешниҳод намудани таклифҳо оид ба рушди соҳибкорӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 02.01.20 с., №1684)
- таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти соҳибкорӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мусоидат ба таъсисёбӣ ва  рушди инфрасохтори соҳиб-корӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- назорати татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзим-кунандаи фаъолияти  соҳибкорӣ;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба рушди соҳибкорӣ;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти шӯрои назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
- пешниҳоди таклифҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси бизнес-инкубаторҳо;
- мусоидат намудан ба иштироки соҳибкорон дар татбиқи барномаҳои давлатии рушди инноватсионӣ, сармоягузорӣ ва сохтмонӣ;
- фароҳам овардани шароит ба субъектҳои соҳибкорӣ барои иштирок намудан дар  бозори байналмилалии мол (кор, хизматрасонӣ);
- ҳамкории байналмилалӣ оид ба рушди соҳибкорӣ;
- тарғиби сиёсати давлатӣ оид ба рушд ва дастгирии соҳибкорӣ;
- ҳамоҳангсозии барномаҳои рушд ва дастгирии соҳибкорӣ;
- мусоидат ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои рушди соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  рейтинги байналмилалӣ;
- ҳавасмандгардонии субъектҳои соҳибкорӣ;
- фароҳам овардани шароити мусоид барои рақобати солим;
 Сархати ҳаждаҳум хориҷ карда шуд (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1436)
- амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
 
Моддаи 15. Шӯро оид ба  рушди соҳибкорӣ ва  беҳтар намудани  фазои сармоягузорӣ  
1. Шӯро оид ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ (минбаъд - Шӯро) барои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ тавсия ва пешниҳодҳоро оид  ба масъалаҳои рушди соҳибкорӣ, беҳтар намудани  фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омода месозад.
2. Тартиби интихоби аъзои Шӯро тибқи Низомномаи Шӯро муайян карда мешавад.
3.  Низомнома ва ҳайати Шӯро аз ҷониби Раиси Шӯро тасдиқ карда мешавад.
 
Моддаи 16. Бизнес- инкубаторҳо
1. Бизнес – инкубаторҳо барои рушд ва дастгирии соҳибкории хурд ва миёна бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешаванд. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1194)
2. Вазифаҳои асосии бизнес - инкубаторҳо аз инҳо иборат мебошанд:
- ташкили хизматрасонии босифат ва касбӣ ба субъектҳои соҳибкории хурду миёнаи навтаъсис дар  ҳама марҳилаҳои  фаъолияташон тавассути дастгирии методӣ, иттилоотӣ, машваратӣ, омӯзишӣ ва ҳуқуқӣ, ҳамчунин рушди ҳамкорӣ байни субъектҳои соҳибкории хурд ва миёна;
- ба иҷора додани биноҳо ба субъектҳои соҳибкорӣ бо шартҳои имтиёзнок;
- баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ ва маърифатнокии ҳуқуқии соҳибкорони хурд ва миёна;
- ташкили ҳамкории субъектҳои соҳибкории хурду миёна бо мақомоти давлатӣ;
- муайян ва ҳал кардани масъалаҳои ба миёномада дар фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ;
- додани маслиҳатҳо оид ба масъалаҳои андозбандӣ;
- хизматрасонӣ доир ба тартиб додани ҳисоботи муҳосибӣ ва андозӣ;
- хизматрасонии таълимӣ оид ба таҳияи барномаи рушди тиҷорати соҳибкори навтаъсис;
- амалӣ намудани дигар вазифаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
 
Моддаи 17. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ
Ба ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дохил мешаванд:
- таҳия ва татбиқи барномаи ҳудудии дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ;
- таъсиси шӯроҳои ҳудудӣ оид ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ;
- таъмини рушди инфрасохтори дастгирии соҳибкорӣ дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
- муайян намудани ҳаҷми маблағҳо аз буҷети маҳаллӣ барои татбиқи барномаҳои ҳудудии рушди соҳибкорӣ;
- қабули қарорҳои дахлдор доир ба дастгирии давлатии  субъектҳои соҳибкорӣ мутобиқи барномаи ҳудудии рушди соҳибкорӣ; (ҚҶТ аз 02.01.20 с., №1684)
- амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст. (ҚҶТ аз 02.01.20 с., №1684)
 
Моддаи 18. Самтҳои асосии дастгирии давлатии соҳибкорӣ
Дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар самтҳои асосии зерин амалӣ мегардад:
- такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои соҳибкорӣ;
- имконияти озодона амалӣ намудани ҳамаи намудҳои соҳибкорие, ки  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст; 
- ташкили марказҳои дастгирии давлатии соҳибкорӣ, бизнес-инкубаторҳо, паркҳои технологӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ  ва дигар шаклҳои инфрасохтори соҳибкорӣ;
- таъмини методию таълимӣ, илмию методӣ ва иттилоотии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ аз ҳисоби Фонди дастгирии давлатии соҳибкорӣ;
- ташкили фаъолияти шӯроҳо оид ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ.
 
Моддаи 19. Дастгирии давлатии молиявии соҳибкорӣ
Дастгирии давлатии молиявии соҳибкорӣ тавассути пешниҳоди грантҳои давлатӣ барои ташкил ва татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти иҷтимоӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт,  татбиқи барномаҳои сармоягузорӣ, ва қисман кафолатдиҳии қарзҳои субъектҳои соҳибкорӣ аз ҳисоби  Фонди дастгирии давлатии  соҳибкорӣ амалӣ карда мешавад.
 
Моддаи 20. Барномаҳои мақсадноки дастгирии давлатии соҳибкорӣ (ҚҶТ аз 02.01.20 с., №1684)
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мутобиқи ҳаҷми маблағгузориҳои буҷетӣ барномаҳои мақсадноки дастгирии давлатии соҳибкориро таҳия мекунанд.
2. Барномаҳои мақсадноки дастгирии давлатии соҳибкорӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва қабул карда мешаванд. (ҚҶТ аз 02.01.20 с., №1684)
 
БОБИ 3.
КАФОЛАТҲОИ ДАВЛАТИИ ҲИМОЯИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ
 
Моддаи 21. Кафолати давлатии ҳимояи ҳуқуқи молу мулкии субъекти соҳибкорӣ
 (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1194)
1. Субъекти соҳибкорӣ дорои ҳуқуқи моликият буда, он аз ҷониби давлат ҳимоя карда мешавад.
2. Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад.
3. Молу мулки субъекти соҳибкориро барои эҳтиёҷоти давлатӣ фақат дар асоси қонун ва розигии ӯ бо пардохти арзиши пуррааш ё пешниҳоди молу мулки баробарарзиш гирифтан мумкин аст.
4. Товони зарари моддӣ ва маънавие, ки дар натиҷаи амали (беамалии) ғайриқонунии шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ё шахсони алоҳида ба субъекти соҳибкорӣ расонида мешавад, тибқи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон руёнида мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1194)
 
Моддаи 22. Кафолат аз дахолат ба фаъолияти субъекти соҳибкорӣ
1. Дахолат, амали (беамалии) ғайриқонунии шахсони мансабдори  мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти давлатии назоратӣ ва санҷишӣ, инчунин мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба фаъолияти хоҷагидории субъекти соҳибкорӣ манъ аст. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1194)
2. Ба маҳдудкунии ҳуқуқҳои субъекти соҳибкорӣ барои иштирок дар хариди давлатии мол (кор, хизматрасонӣ) роҳ дода намешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1194)
 
БОБИ 4.
МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
 
Моддаи 23. Тартиби ҳалли баҳсҳо 
Баҳсҳо оид ба ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи суд баррасӣ карда мешаванд.
 
Моддаи 24. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани  талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 02.01.20 с., №1684)
 
Моддаи 25. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002 «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №4, қ.1 мод. 293; с. 2005, №7, мод. 400; с. 2007, №5, мод. 364; с. 2008, №12, қ.2, мод. 997; с. 2010, №12, қ.1, мод. 817; с. 2011, №3, мод. 168) аз эътибор соқит дониста шавад.
 
Моддаи 26. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
Президенти
Ҷумҳурии  Тоҷикистон                                                                         Эмомалӣ Рањмон
 
ш. Душанбе, 26 июли соли 2014,
№ 1107
 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ СИРРИ ДАВЛАТӢ

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Сшб, 15/09/2020 - 10:37
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1095
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
26.07.2014
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
ДАР БОРАИ СИРРИ ДАВЛАТӢ
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2014, №7, қ. 1,  мод. 392;
Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 с., № 1185; аз 02.01.2020 с., №1664)
 
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва системаи ҳифзи сирри давлатиро ба манфиати таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба мансуб донистани маълумот ба сирри давлатӣ, махфигардонӣ, ихтиёрдорӣ, ҳифз ва ғайримахфигардонии онҳо танзим менамояд.
 
БОБИ 1.
МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ 
 
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд: 
- сирри давлатӣ - маълумоти аз тарафи давлат ҳифзшаванда, ки ифшо ё гум кардани он ба амнияти миллӣ ва иқтидори мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар мерасонад ё расонида метавонад; (ҚҶТ аз 02.01.20 с., №1664)
- мӯҳри махфият – навиштаҷоте, ки дараҷаи махфияти маълумоти дар ҳомилҳои онҳо бударо шаҳодат дода, дар худи ҳомил ва (ё) дар ҳуҷҷатҳои ба он ҳамроҳкунанда гузошта мешавад; 
- рухсат ба сирри давлатӣ – тартиби ба расмият даровардани ҳуқуқи шаҳрвандон ба дастрасӣ ба маълумоти дорои сирри давлатӣ ва корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо (минбаъд - ташкилотҳо), барои гузаронидани корҳо бо истифодаи чунин маълумот; (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1185)
- дастрасӣ ба маълумоти дорои сирри давлатӣ – шинос кардани шахси муайян бо маълумоти дорои сирри давлатӣ бо иҷозати шахси мансабдори ваколатдор; 
- махфигардонии маълумот ва ҳомилҳои онҳо – маҷмӯи чорабиниҳо оид ба маҳдудсозии паҳн намудани маълумоти дорои сирри давлатӣ ва дастрасӣ ба ҳомилҳои онҳо ба манфиати таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон; 
- ҳомилҳои маълумоти дорои сирри давлатӣ – объектҳои моддӣ, аз ҷумла майдонҳои физикӣ, ки дар онҳо маълумоти дорои сирри давлатӣ дар шакли рамзҳо, нақшҳо, аломатҳо, кашфиёт ва равандҳои техникӣ инъикоси худро меёбанд;
- ғайримахфигардонии маълумот ва ҳомилҳои он – маҷмӯи чорабиниҳо оид ба бардоштани маҳдудиятҳо, ки ба паҳн намудани маълумоти дорои сирри давлатӣ ва дастрасӣ ба ҳомилҳои онҳо бо риояи манфиатҳои амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд; (ҚҶТ аз 02.01.20 с., №1664)
- системаи ҳифзи сирри давлатӣ – мақомоти ҳифзи сирри давлатӣ, воситаҳо ва усулҳои аз ҷониби онҳо барои ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ ва ҳомилҳои онҳо истифодашаванда, инчунин чорабиниҳои бо ин мақсадҳо гузаронидашаванда; (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1185)
- воситаҳои ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ – воситаҳои техникӣ, криптографӣ, барномавӣ ва дигар, ки барои ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ таъин шудаанд, воситаҳое, ки чунин маълумот дар онҳо истифода гардидаанд, инчунин воситаҳои назоратбарии ҳифзи сирри давлатӣ; 
- ифшо намудани сирри давлатӣ – хабар, таҳвил, пешниҳод, ирсол, нашр ё бо тарзи дигар расонидани сирри давлатӣ ба маълумоти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҳуқуқи бо онҳо шинос шуданро надоранд; 
- гум кардани сирри давлатӣ – аз соҳибӣ ё истифодабарии қонунӣ баромадани маълумоти дорои сирри давлатӣ, аз ҷумла муваққатан баромадани онҳо дар натиҷаи гум кардан ва ё тасарруф;
- объектҳои махсус – нуқтаҳои идоракунии давлат ва Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  воҳидҳои дигари ҳарбӣ, инчунин дигар объектҳое, ки фаъолияти мақомоти давлатиро дар замони осоишта ва ҷанг таъмин менамоянд; (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1185)
- объектҳои ҳарбӣ – қисмҳои ҳарбӣ, мавзеи ҷангии қӯшунҳо, нуқтаҳои идоракунӣ, полигонҳо, шӯъбаҳои алоқа, пойгоҳҳо, анборҳо ва дигар иншооти таъиноти ҳарбӣ;
- объектҳои таҳти низом – объектҳои махсус ва ҳарбӣ, ташкилотҳое, ки барои фаъолияти онҳо чораҳои иловагии амниятӣ муқаррар гардидаанд;
- қӯшунҳо – Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ;
- мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи сирри давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – мақоми ваколатдори давлатӣ) – мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ки сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ амалӣ менамояд.;
- номгӯйи маълумоти махфигардонидашаванда - маҷмӯи дараҷаҳои маълумот, ки мувофиқи онҳо маълумот ба сирри давлатӣ мансуб дониста, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон махфӣ гардонида мешавад; (ҚҶТ аз 02.01.20 с., №1664)
- дараҷаи махфият - дараҷае, ки муҳимияти маълумоти махфӣ, маҳдудияти дастрасӣ ва сатҳи ҳифзи он аз тарафи давлат муқаррар гардидааст; (ҚҶТ аз 02.01.20 с., №1664)
- ҳифзи сирри давлатӣ - маҷмӯи чораҳои ташкилию ҳуқуқӣ, техникӣ, криптографӣ ва оперативӣ, ки барои ҳифзи сирри давлатњ муѕаррар карда шудаанд. (ҚҶТ аз 02.01.20 с., №1664)
 
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сирри давлатӣ
 
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сирри давлатӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 02.01.20 с., №1664)
 
Моддаи 3. Ҳуқуқи моликият ба сирри давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳомилҳои маълумоти дорои сирри давлатӣ
 
Сирри давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳомилҳои маълумоти дорои сирри давлатӣ моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. 
 
Моддаи 4. Мақомоти ҳифзи сирри давлатӣ
 
1. Ба мақомоти ҳифзи сирри давлатӣ дохил мешаванд:
- мақоми ваколатдори давлатӣ;
- мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мақомоти дигари давлатӣ, ташкилотҳо, воҳидҳои сохтории онҳо оид ба ҳифзи сирри давлатӣ. 
2. Мақомоти ҳифзи сирри давлатӣ мувофиқи вазифаҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда ва дар доираи салоҳияти худ ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатиро таъмин менамоянд. Масъулияти ташкили ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо ба зиммаи роҳбарони аввали онҳо вогузор мегардад. Вобаста ба ҳаҷми кор бо истифодаи маълумоти дорои сирри давлатӣ аз тарафи роҳбарони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, воҳидҳои сохторӣ оид ба ҳифзи сирри давлатӣ таъсис дода мешаванд, ки функсияҳои онҳо аз тарафи роҳбарони мазкур бо дарназардошти хусусияти корҳои гузаронидашавандаи онҳо муайян карда мешаванд. (ҚҶТ аз 02.01.20 с., №1664)
3. Ҳифзи сирри давлатӣ яке аз намудҳои фаъолияти асосии мақоми давлатӣ ва ташкилот ба ҳисоб меравад. 
 
Моддаи 5. Доираи амали Қонуни мазкур
 
Муқаррароти Қонуни мазкур барои иҷро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди он аз тарафи мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, шахсони мансабдор, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки ба зиммаи худ иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сирри давлатиро гирифтаанд ё мувофиқи мақомашон чунин ӯҳдадориро доранд, ҳатмӣ мебошанд. (ҚҶТ аз 02.01.20 с., №1664)
 
БОБИ 2.
САЛОҲИЯТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ, ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ ТАШКИЛОТҲО ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ
(ҚҶТ аз 18.03.15с., №1185)
 
Моддаи 6. Салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 
 
1. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ муайян мекунад;
- роҳбарии умумии фаъолияти системаи ҳифзи сирри давлатиро амалӣ менамояд; 
- Номгӯйи шахсони мансабдори мақомоти давлатиро, ки ваколати ба сирри давлатӣ мансуб донистани маълумотро доранд, тасдиқ менамояд;
- шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи истифода ва ҳифзи муштараки маълумоти дорои сирри давлатӣ ба имзо мерасонад;
- дар бораи додани сирри давлатӣ ба давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва байнидавлатӣ амр мебарорад;
- дар бораи додани рухсат ба сирри давлатӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд, инчунин шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки доимӣ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, амр мебарорад;
- ҳуқуқи ғайримахфӣ гардонидани маълумоти дорои сирри давлатиро дорад;
- ваколатҳои шахсони мансабдорро ҷиҳати таъмини ҳифзи сирри давлатӣ дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад;
- Комиссияи байниидоравӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис медиҳад ва низомномаи онро тасдиқ менамояд; (ҚҶТ аз 02.01.20 с., №1664)
- дигар ваколатҳоро оид ба масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд. (ҚҶТ аз 02.01.20 с., №1664)
2. Ҳангоми аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё дар маҳалҳои алоҳидаи он эълон намудани ҳолати ҷангӣ ё вазъияти фавқулодда, тартиби рухсати шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ба маълумоти дорои сирри давлатӣ ва ташкилотҳо барои гузаронидани корҳо бо истифодаи сирри давлатӣ, мумкин аст тағйир дода шавад. 
 
Моддаи 7. Салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
 
1. Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: 
- қонунҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сирри давлатӣ ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба онҳоро баррасӣ ва ҷонибдорӣ менамояд;
- дигар ваколатҳоро оид ба масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд. (ҚҶТ аз 02.01.20 с., №1664)
2. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: 
- қонунҳоро дар бораи сирри давлатӣ қабул карда, ба онҳо тағйиру иловаҳо ворид менамояд; 
- моддаҳои буҷети давлатиро дар қисми маблағгузорӣ ҷиҳати амалигардонии барномаҳои давлатӣ дар соҳаи сирри давлатӣ баррасӣ ва тасдиқ менамояд;
- санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро дар соҳаи сирри давлатӣ тасдиқ ва бекор менамояд;
- дигар ваколатҳоро оид ба масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд. (ҚҶТ аз 02.01.20 с., №1664)
 
Моддаи 8. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 
 
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: 
- иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сирри давлатиро таъмин менамояд;
- мақоми ваколатдори давлатиро таъсис, барҳам ва аз нав ташкил медиҳад;
- низомнома, нақшаи идора ва сохтори мақоми ваколатдори давлатиро тасдиқ менамояд; 
- барномаҳои давлатӣ дар соҳаи сирри давлатӣ, тартиби таъминоти моддӣ-техникӣ ва молиявӣ барои гузаронидани корҳо оид ба ҳифзи сирри давлатиро тасдиқ менамояд;
- Дастурамал оид ба таъмини низоми махфият дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ менамояд; 
- Низомнома оид ба ҳифзи сирри давлатӣ дар ҳолати тағйир ёфтани шакли моликият ва функсияҳои субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқиро тасдиқ менамояд; 
- тартиби сертификатсияи воситаҳои техникии ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатиро тасдиқ менамояд;
- тартиби додани рухсатнома барои гузаронидани корҳо бо истифодаи маълумоти дорои сирри давлатиро тасдиқ менамояд;
- Номгӯйи маълумоти интишорашон манъшударо тасдиқ менамояд;
- тартиби мансуб донистани мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳоро ба категорияҳои объектҳои махсус, ҳарбӣ ва таҳти низом, инчунин номгӯйи ҳудудеро, ки муваққатан барои ташриф овардани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд пӯшида мебошанд, тасдиқ менамояд;
- тартиби ташкил, фаъолият ва барҳамдиҳии воҳидҳои сохтории ҳифзи сирри давлатиро муайян менамояд;
- созишномаҳои байниҳукуматӣ мебандад, иҷрои шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба истифода ва ҳифзи муштараки маълумоти дорои сирри давлатӣ таъмин мекунад; 
- андоза ва тартиби додани имтиёзҳоро ба шаҳрвандоне, ки ба сирри давлатӣ ба таври доимӣ рухсат дода шудаанд ва ба кормандони воҳидҳои сохтории ҳифзи сирри давлатӣ муқаррар мекунад;
- тартиби муайян намудани ҳаҷми зарареро, ки дар натиҷаи ифшо ё гум кардани маълумоти дорои сирри давлатӣ ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё манфиатҳои мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо расонида шудааст ё расонида шуда метавонад, аз ҷумла зарареро, ки ба молики ҳомили маълумот дар натиҷаи махфигардонӣ расонида мешавад, тасдиқ мекунад;
- тартиби санҷиши махсуси шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро бинобар рухсат додани онҳо ба сирри давлатӣ тасдиқ менамояд; 
- дигар ваколатҳоро оид ба масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд. (ҚҶТ аз 02.01.20 с., №1664)
 
Моддаи 9. Салоҳияти судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 
 
Судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: 
- парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ ва парвандаҳо оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмуриро оид ба вайрон намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сирри давлатӣ баррасӣ менамоянд;
- ҳангоми баррасии парвандаҳои мазкур ҳифзи сирри давлатиро таъмин мекунанд; 
- ҳифзи судии шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳоро вобаста ба фаъолияти онҳо оид ба ҳифзи сирри давлатӣ таъмин менамоянд.
(ҚҶТ аз 18.03.15с., №1185)
 
Моддаи 10. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ 
 
Мақоми ваколатдори давлатӣ:
- фаъолиятро оид ба таъмини низоми махфият дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо ҳамоҳанг месозад;
- системаи чорабиниҳои ҳуқуқӣ, маъмурӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва барномавиро оид ба ҳифзи сирри давлатӣ таҳия намуда, иҷрои онҳоро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунад; (ҚҶТ аз 02.01.20 с., №1664)
- фаъолияти мақомоти ҳифзи сирри давлатиро дар самти таҳия ва иҷрои барномаи давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи сирри давлатӣ ҳамоҳанг месозад;
- Номгӯйи шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, ки ваколати ба сирри давлатӣ мансуб донистани маълумотро доранд, таҳия ва барои тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- барномаҳои давлатӣ дар соҳаи сирри давлатӣ, тартиби таъминоти моддӣ-техникӣ ва молиявӣ барои гузаронидани корҳо оид ба ҳифзи сирри давлатиро таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд; 
- Дастурамал оид ба таъмини низоми махфият дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- Низомнома оид ба ҳифзи сирри давлатӣ дар ҳолати тағйир ёфтани шакли моликият ва функсияҳои субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқиро таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- тартиби сертификатсияи воситаҳои техникии ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатиро таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- тартиби додани рухсатнома барои гузаронидани корҳо бо истифодаи маълумоти дорои сирри давлатиро таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- Номгӯйи маълумоти интишорашон манъшударо таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- сертификатсияи воситаҳои техникии ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатиро амалӣ менамояд;
- тартиби мансуб донистани мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳоро ба категорияҳои объектҳои махсус, ҳарбӣ ва таҳти низом, инчунин номгӯйи ҳудудеро, ки муваққатан барои ташриф овардани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд пӯшида мебошанд, таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд; 
- тартиби муайян намудани ҳаҷми зарареро, ки дар натиҷаи ифшо ё гум кардани маълумоти дорои сирри давлатӣ ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё манфиатҳои мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо расонида шудааст ё расонида шуда метавонад, аз ҷумла зарареро, ки ба молики ҳомили маълумот дар натиҷаи махфигардонӣ расонида мешавад, таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;
- бо тартиби муқарраршуда барои гузаронидани корҳо бо истифодаи маълумоти дорои сирри давлатӣ рухсатнома медиҳад;
- тайёр кардан ва бозомӯзии кадрҳои воҳидҳои сохторӣ оид ба ҳифзи сирри давлатиро ташкил менамояд;
- ба мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо оид ба масъалаҳои ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ кӯмаки амалӣ ва методӣ мерасонад;
- ба намудҳои дахлдори фаъолият дар соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома (литсензия) медиҳад;
- Низомномаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва барои тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд; (ҚҶТ аз 02.01.20 с., №1664)
- дигар ваколатҳоро оид ба масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ, ки бо Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, амалӣ менамояд.
 
Моддаи 11. Ваколатҳои мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
 
Мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- чораҳоро оид ба ҳифзи зиддиразведкавии маълумоти дорои сирри давлатӣ дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо таҳия ва амалӣ менамоянд, инчунин фаъолияти онҳоро дар соҳаи мазкур назорат мебаранд;
- тартиби санҷиши махсуси шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро бинобар рухсат додани онҳо ба сирри давлатӣ таҳия менамоянд ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд; 
- санҷиши махсуси шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро, ки ба онҳо рухсат додан ба маълумоти дорои сирри давлатӣ ба расмият дароварда мешавад, мегузаронанд;
- сертификатсияи воситаҳои техникӣ, аз ҷумла криптографии ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатиро ташкил менамоянд;
- ҷиноятҳоеро, ки бо вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сирри давлатӣ алоқаманд мебошанд, ошкор мекунанд, пешгирӣ менамоянд, мекушоянд ва тафтиш мебаранд; 
- дигар ваколатҳоро, ки бо Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, амалӣ менамоянд.
 
Моддаи 12. Ваколатҳои мақомоти дигари давлатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ташкилотҳо
                                (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1185)
 
Мақомоти дигари давлатӣ ва ташкилотҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи сирри давлатӣ:
- номгӯйи идоравии маълумоти махфигардонидашавандаро таҳия менамоянд;
- ҳифзи сирри давлатии мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳиянамудаашонро, аз ҷумла дар ташкилотҳои тобеашон низ таъмин менамоянд; 
- дар таҳияи тартиби муайян намудани ҳаҷми зараре, ки дар натиҷаи ифшо ё гум кардани маълумоти дорои сирри давлатӣ ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё манфиатҳои мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо расонида шудааст ё расонида шуда метавонад, аз ҷумла зараре, ки ба молики ҳомили маълумот дар натиҷаи махфигардонӣ расонида мешавад, иштирок менамоянд; 
- ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатиро, ки ба ихтиёри онҳо аз тарафи мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо дода шудаанд, инчунин маълумоти аз тарафи худи онҳо махфигардонидаро таъмин менамоянд;
- бо тартиби муқарраршуда барои гузаронидани корҳо бо истифодаи маълумоти дорои сирри давлатӣ рухсатнома мегиранд;
- барои воситаҳои ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ сертификат мегиранд;
- фаъолияти воҳидҳои сохторӣ оид ба ҳифзи сирри давлатӣ ва саривақт барҳамдиҳии онҳоро ташкил мекунанд; 
- дар таҳия ва иҷрои барномаҳои давлатӣ дар соҳаи сирри давлатӣ, тартиби таъминоти моддӣ - техникӣ ва молиявӣ барои гузаронидани корҳо оид ба ҳифзи сирри давлатӣ иштирок менамоянд;
- категорияҳои объектҳои махсус, ҳарбӣ, таҳти низом ва саривақт аз нав баррасӣ кардани онҳоро муайян менамоянд;
- дар доираи ваколат, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худ гузаронидани чорабиниҳои санҷиширо нисбат ба шаҳрвандоне, ки ба маълумоти дорои сирри давлатӣ рухсат дода мешаванд, таъмин мекунанд; (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1185)
- оид ба такмили системаи ҳифзи сирри давлатӣ таклифҳо пешниҳод менамоянд;
- дар доираи ваколат, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худ дигар масъалаҳоро дар соҳаи сирри давлатӣ ҳал менамоянд. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1185)
 
БОБИ 3.
МАЪЛУМОТЕ, КИ БА СИРРИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МАНСУБАНД
 
Моддаи 13. Маълумот дар соҳаи ҳарбӣ, ки ба сирри давлатӣ мансубанд
 
Ба сирри давлатӣ дар соҳаи ҳарбӣ маълумоти зерин мансубанд:  
1) ошкоркунандаи нақшаҳои стратегии истифодаи қӯшунҳо, нақшаҳои оперативӣ, ҳуҷҷатҳои идоракунии ҷангӣ, ҳуҷҷатҳои ба дараҷаҳои гуногуни омодагии ҷангӣ гузаронидани қӯшунҳо;
2) дар хусуси ҷойгиркунонии стратегӣ ва оперативии қӯшунҳо; 
3) дар бораи нақшаи сохтмон, рушд, шумора, ҳайати ҷангӣ ё теъдоди қӯшунҳо, омодагии ҷангии онҳо, инчунин дар бораи ҳолати ҳарбию сиёсӣ ва (ё) оперативӣ;
4) ошкоркунандаи ҳолати омодагии оперативӣ ва ҷангии қӯшунҳо, таъмини фаъолияти онҳо, ҳайат ва (ё) ҳолати системаҳои идоракунии қӯшунҳо; 
5) ошкоркунандаи ҷойгиршавӣ, номҳои ҳақиқӣ, сохтори ташкилӣ, аслиҳа, теъдоди қӯшунҳо, ки мутобиқи ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкоро бояд эълон нашаванд; 
6) оид ба сафарбарии ҷойгиркунонии қӯшунҳо, гузаронидани сафарбарии аҳолӣ ва захираҳои нақлиётӣ, системаи идоракунии сафарбарии ҷойгиркунонӣ ва (ё) имконияти пурра кардани қӯшунҳо бо ҳайати шахсӣ, таъминот бо аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва дигар воситаҳои моддию молиявӣ, инчунин боркашониҳои ҳарбӣ; 
7) ошкоркунандаи ҳолати таҷҳизот, омодагии шабакаи нақлиётӣ барои мақсадҳои ҳарбӣ, воситаҳои нақлиёт, ҳаҷми боркашонии ҳарбӣ ва самти интиқоли аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ; 
8) ошкоркунандаи самтҳо, дурнамои дарозмуддат ё нақшаи инкишофи аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, мӯҳтаво ё натиҷаҳои иҷрои барномаҳои мақсаднок, корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ вобаста ба таҳия ё азнавсозии намунаҳои силоҳ ва техникаи ҳарбӣ, инчунин тавсифоти тактикию техникии онҳо; 
9) ошкоркунандаи самтҳои коркард, сохт, технологияи сохтан, таркиби изотопӣ, хосиятҳои ҷангӣ, физикӣ, кимиёвӣ ё ядроӣ, тартиби татбиқ ё истифодабарии аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ;
10) ошкоркунандаи иқтидорҳои истеҳсолӣ, маълумоти нақшавӣ ё воқеии истеҳсол ва (ё) таҳвили воситаҳои ҳимояи бактериологӣ ё тиббӣ дар шакли асл; (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1185)
11) ошкоркунандаи дастовардҳои илм ва техникаи атомии дорои аҳамияти муҳими мудофиавӣ ва иқтисодӣ ё муайянкунандаи сатҳи сифатан нави имкониятҳои сохтани аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ ва (ё) маҳсулот ва технологияи усулан нав;
12) ошкоркунандаи хосиятҳо, ретсепт ё технологияи истеҳсоли сӯзишвории ракета, борути баллистикӣ, маводи тарканда ё воситаҳои таркиши таъиноти ҳарбӣ, инчунин хӯлаҳои нав, моеъҳои махсус, сӯзишворӣ барои аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ;
13) оид ба истифодаи инфрасохтори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати таъмини иқтидори мудофиавӣ ва амнияти он; 
14) оид ба ҷойгиршавӣ, таъинот, дараҷаи омодагӣ ё ҳифзи объектҳои таҳти низом, ки тибқи шартномаҳои байналмилалӣ ба ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил нашудаанд, дар бораи интихоб, ҷудо кардани қитъаҳои замин, қаъри замин ё ҳудуди обӣ (акватория) барои сохтмони иншооти мазкур, оид ба корҳои иктишофӣ, лоиҳавӣ ва дигар корҳои банақшагирифташуда ё гузаронидашаванда вобаста ба бунёди чунин иншоот; 
15) оид ба истифода ё дурнамои рушди шабакаҳои алоқаи ба ҳам пайвастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати таъмини иқтидори мудофиавӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон; 
16) маҷмӯи маълумот бо нақша ва тасвири дорои мутобиқати географии шоҳроҳҳои байнишаҳрии хатти алоқа, аз ҷумла нуқтаҳои захиравии алоқаи аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷора гирифташуда, бо зикри маълумот дар бораи иқтидори онҳо; (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1185)
17) оид ба тавозуни иқтидори энергетикӣ ва қувваи барқи системаҳои таъминоти объектҳои ҳарбӣ, иншооти саноати мудофиа ва воситаҳои идоракунии энергетика дар замони ҷанг;
18) ошкоркунандаи тақсимот ё истифодаи хатти мавҷҳои радио тавассути воситаҳои радиоэлектронии таъиноти ҳарбӣ ё махсус;
19) ошкоркунандаи ташкил ё фаъолияти ҳамаи навъҳои алоқа, таъминоти радиолокатсионӣ ва радиотехникии қӯшунҳо; 
20) ошкоркунандаи мӯҳтаво, ташкил ё натиҷаи намудҳои асосии фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
21) ошкоркунандаи самтҳои рушди воситаҳо ва технологияҳои таъиноти дуҳадафа, мӯҳтаво, натиҷаи иҷрои барномаҳои мақсаднок, корҳои илмию таҳқиқотӣ ва (ё) таҷрибавию конструкторӣ оид ба сохтан ё азнавсозии ин воситаҳо ва технологияҳо; 
22) дар хусуси ба мақсадҳои ҳарбӣ истифода бурдани воситаю технологияҳои таъиноти дуҳадафа; 
23) оид ба мӯҳтавои барномаҳои пӯшидаи таълимӣ дар муассисаҳои олии ҳарбии таълимӣ; 
24) маҷмӯи маълумот дар хусуси ҷойгиршавӣ, системаи муҳофизат ва иқтидори истеҳсолии аслиҳахона, пойгоҳу анборҳои аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва махсус ё қисмҳо ва корхонаҳои барои таъмири аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ таъингардида; 
25) оид ба дурнамои рушд ва (ё) истифодаи инфрасохтори кайҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати таъмини иқтидори мудофиавӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон; 
26) ошкоркунандаи ҳолат ва (ё) самтҳои рушди гидронавтика ба манфиати мудофиа ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон; 
27) маҷмӯи маълумот дар бораи сохтмони иншооти саноати мудофиавӣ, ки иқтидорҳои истеҳсолии онҳоро оид ба истеҳсоли техникаи мудофиавӣ ошкор месозанд; 
28) оид ба руйдодҳои физикию кимиёвии мусоидаткунандаи таъсис, истеҳсол ва (ё) истифодаи аслиҳа, техникаи ҳарбӣ, ошкоркунандаи таснифоти ҳифзшавандаи онҳо;
29) дар бораи номгӯй (номенклатура), миқдор ва мӯҳлати ба воҳидҳои ҳарбӣ таҳвили навъҳои асосии сӯзишворӣ ва маводи молиданӣ, ашё, молу мулки тиббӣ ва озуқаворӣ; (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1185)
30) ошкоркунандаи нақшаҳо ва супоришҳои фармоиши давлатии мудофиавӣ, ҳаҷм ва мӯҳлати таҳвили аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, иқтидорҳои истеҳсолии барориши онҳо, инчунин маълумот дар бораи робитаҳои кооператсионии корхонаҳо, дар бораи таҳиягарон ё истеҳсолкунандагони аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, агар ин иттилоот маълумотро дар бораи иқтидорҳои истеҳсолӣ оид ба истеҳсол ва (ё) тавсифоти асосии тактикию техникии аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ ошкор созанд; 
31) дар бораи иҷрои супоришҳои истеҳсол ва таҳвили аслиҳа, техникаи ҳарбӣ, маҳсулоти таъиноти ҳарбӣ дар шароити замони ҷанг;
32) ошкоркунандаи ҳолати таъминоти метрологии аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, тавсифоти техникӣ ё метрологии меъёрҳои ҳарбӣ ё воситаҳои таъминоти метрологии муайянкунандаи сатҳи сифатан нави аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ;
33) ошкоркунандаи самтҳои асосӣ ё барномаҳои рушди стандартонӣ, инчунин мазмуни стандартҳо дар соҳаи аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ;
34) ошкоркунандаи хароҷоти корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ оид ба сохтани аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, вобаста ба корҳои ба манфиати объектҳои махсус гузаронидашаванда; 
35) ошкоркунандаи маблағгузорӣ ё хароҷоти воқеӣ барои фармоишҳо, коркард, истеҳсол ё таъмири аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ вобаста ба объектҳои махсус ва объектҳои таҳти низом;
36) ошкоркунандаи ҳаҷми таҳвил ва захираҳои сӯзишвории навъи стратегӣ. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1185)
 
Моддаи 14. Маълумот дар соҳаи вазъияти фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, ки ба сирри давлатӣ мансубанд
 
Ба сирри давлатӣ дар соҳаи вазъияти фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ маълумоти зерин мансубанд:  
1) дар бораи қувва ва воситаҳои мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, имкониятҳои маҳалҳои аҳолинишин, минтақаҳо ва иншооти алоҳида барои ҳифз, тахлия (эвакуатсия) ва ҷойгир кардани аҳолӣ; 
2) дар бораи ташкили огоҳонӣ ва идоракунӣ ҳангоми аз замони осоишта ба ҳолати ҷангӣ  гузаронидани системаи мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар ҳолати гузаронидани он аз низоми фаъолияти доимӣ ба низоми кор дар шароити ҳолати фавқулодда;
3) ошкоркунандаи нақшаҳои обтаъминкунии маҳалҳои аҳолинишини дорои беш аз 50 ҳазор нафар аҳолӣ, нуқтаҳои роҳи оҳан, иншооте, ки таъиноти стратегӣ ва мудофиавӣ доранд ва (ё) ҷойгиршавии иншооти асосии хатҳои обрасонӣ;
4) ошкоркунандаи вазъи қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5) маҷмӯи маълумот дар бораи объектҳои таҳти низом, ки дар замони ҷанг таҳти муҳофизати хадамоти оташнишони ҳарбикунонидашуда қарор дода мешаванд. 
 
Моддаи 15. Маълумот дар соҳаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ, ки ба сирри давлатӣ мансубанд
 
Ба сирри давлатӣ дар соҳаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ маълумоти зерин мансубанд:  
1) ошкоркунандаи моҳият ё ҳаҷми ҳамкориҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ дар замони ҷанг, инчунин ҳамкориҳои мақомоти ҳарбию сафарбарии ташкилотҳои робитаҳои иқтисодии хориҷии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ин масъалаҳо;
2) оид ба иқтидорҳои сафарбарӣ ҷиҳати истеҳсол ва таъмири аслиҳа, техникаи ҳарбӣ, дар бораи таъсис, рушд ва ҳифзи ин иқтидорҳо;
3) ошкоркунандаи имконият ва (ё) захираҳои сафарбарии роҳи оҳани Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини боркашонӣ тавассути роҳи оҳан, ташкил ва ҳаҷми боркашониҳои ҳарбӣ, ҳаҷми боркашонӣ ва самтҳои интиқоли навъҳои стратегии маҳсулоти энергетикӣ, минералӣ, кишоварзӣ, сӯзишворӣ, мавод, навъҳои алоҳидаи аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, ташкил ва (ё) фаъолияти системаи алоқа ё идоракунӣ, инчунин тадбирҳои махсус ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳи оҳан ё ҳифзи борҳо; (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1185)
4) ошкоркунандаи ҷойгиршавӣ, махсусгардонӣ, иқтидор ва (ё) имконияти гузаронандагии нуқтаҳои саворшавӣ ва фурудоварии қӯшунҳо, маълумот дар бораи таъминоти озуқаворӣ ва хизматрасонии тиббию санитарии онҳо; 
5) ошкоркунандаи эҳтиёҷоти сафарбарӣ ба воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла оид ба навъҳои алоҳидаи нақлиёт ва (ё) таъмин будани cафарбарӣ бо онҳо;
6) ошкоркунандаи сохтори ташкилӣ ё нишондиҳандаҳои нақшаи сафарбарии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин вазъи омодагӣ ба сафарбарии мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо;
7) ошкоркунандаи ҷойгиршавӣ, захираҳои воқеии давлатӣ ва (ё) захираҳои сафарбарӣ ва истифодаи онҳо;
8) ошкоркунандаи нақша, мӯҳтаво ё натиҷаҳои корҳои илмию таҳқиқотӣ дар соҳаи омодагии сафарбарии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
9) ошкоркунандаи тавозуни пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар замони ҷанг;
10) оид ба иқтидорҳои сафарбарӣ вобаста ба истеҳсоли маҳсулоти истифодаи умумӣ, намудҳои ашёи стратегӣ, мавод, таъсис ва (ё) рушду нигоҳдории ин иқтидорҳо; 
11) оид ба иқтидорҳои сафарбарии саноат вобаста ба истеҳсоли аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, таъмини эҳтиёҷоти мудофиа ба маҳсулоти саноатӣ, захираҳои моддию техникӣ ва маҳсулоти озуқаворӣ;
12) оид ба мавҷудияти захираҳои давлатӣ ва сафарбарии маҳсулоти нафтии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 
 
Моддаи 16. Маълумот дар соҳаи иқтисод, молия, саноат, илм ва техника, ки ба сирри давлатӣ мансубанд
 
1. Ба сирри давлатӣ дар соҳаи иқтисод, молия, саноат, илм ва техника маълумоти зерин мансубанд: 
1) дар бораи нишондиҳандаҳои муайянкунандаи омодагии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти устувор дар замони ҷанг;
2) ошкоркунандаи моҳияти дастовардҳои навтарин дар соҳаи илм ва техника, ки метавонанд барои сохтани маҳсулоти усулан нав, равандҳои технологӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт истифода шаванд, инчунин муайянкунандаи сатҳи сифатан нави имкониятҳои аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, баландбардории самаранокии ҷангии онҳо, ки ифшо намудани онҳо ба манфиати амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар расонида метавонад; 
3) ошкоркунандаи мӯҳтаво ва (ё) самтҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, таҷрибавӣ-конструкторӣ ё лоиҳавӣ, ки ба манфиати таъмини иқтидори мудофиавӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд;
4) оид ба тайёр кардан ё тақсимоти кадрҳо, ки чорабиниҳои ба манфиати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидашавандаро ошкор мекунанд; 
5) ошкоркунандаи арзёбии дурнамои пешравии илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии он дар самтҳое, ки иқтидори мудофиавӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунанд;
6) ошкоркунандаи иқтидори захиравӣ ва захираҳои тавозунии сарватҳои зеризаминӣ, афзоиши захираҳои кашфшуда ва истихроҷи ин сарватҳои зеризаминӣ дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар тавсифоти конҳо доир ба ҳар як иншооти мушаххас, ки аз ҷониби Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешаванд; 
7) дар бораи хароҷоти буҷети давлатӣ, ки таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ошкор месозанд (ба ғайр аз нишондиҳандаҳои ҷамъбастӣ); 
8) оид ба ҳисоббаробаркуниҳои танзимнагардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ (ба ғайр аз нишондиҳандаҳои ҷамъбастӣ оид ба қарзи хориҷӣ); 
9) ошкоркунандаи хароҷоти маблағҳои пулӣ барои таъминоти қӯшунҳо аз рӯи моддаҳои алоҳидаи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
10) оид ба масъалаҳои қабули қарор дар бораи барориши пулҳои қоғазӣ ва тангаҳои нави Бонки миллии Тоҷикистон (ба истиснои ҷашнӣ ва хотиравӣ), таҳияи ороиш ва тайёр кардани онҳо; 
11) оид ба тарзҳои ҳимояи пулҳои қоғазии Бонки миллии Тоҷикистон ва қоғазҳои қиматноки давлатӣ аз сохтакориҳо, ҳамчунин тарзҳои муайян кардани аслӣ будани онҳо;
12) ошкоркунандаи захираҳои пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дар хазинаҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва гардиши онҳо;
13) ошкоркунандаи корҳое, ки бо мақсади сохтани воситаҳои ҳифзи индикатсия, дегазатсия, воситаҳои кимиёвӣ ва биологии ҳифзи аҳолӣ аз силоҳи қатли ом ё масолеҳи нави сорбсионӣ ва дигар масолеҳ барои онҳо гузаронида мешаванд; 
14) ошкоркунандаи натиҷаи корҳо дар соҳаи обуҳавошиносӣ, гидрография ё гелиогеофизика, инчунин натиҷаҳои таҳқиқоти махcуси геологию геофизикие, ки ба манфиати таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд;
15) ошкоркунандаи натиҷаи фаъолияти топографӣ, геодезӣ ё харитасозие, ки аҳамияти муҳими мудофиавӣ ва иқтисодӣ доранд; (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1185)
16) дар бораи номгӯй (номенклатура), ҳаҷм ва маблағгузории амалиёт оид ба воридот ва содироти силоҳ, инчунин маълумот дар бораи ҳамкориҳои ҳарбӣ, илмӣ - техникӣ бо давлатҳои хориҷӣ, ба истиснои маълумоте, ки бояд мутобиқи ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шаванд;
17) ошкоркунандаи нақша ва вазифаҳои фармоиши давлатии мудофиавӣ дар қисмати таҳвили воридотию содиротӣ дар соҳаи ҳамкории ҳарбию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ; (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1185)
18) тавсифдиҳандаи ҳолати фонди суғуртаи ҳуҷҷатҳо барои аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, навъҳои асосии маҳсулоти таъиноти граждании ба нақшаи сафарбарӣ дохилкардашуда, иншооти дорои хавфи баланд ва (ё) низоми таъминоти зиндагии аҳолӣ, иншооти дорои арзишҳои миллӣ, инчунин маълумот доир ба ҷойгиршавии иншооти нигаҳдории фонди суғуртаи ҳуҷҷатҳо дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
19) оид ба масъалаҳои савдои хориҷии танҳо навъҳои махсуси молҳо (ҳаҷм, номгӯй (номенклатура), маблағгузории воридот ва содирот вобаста ба як ё якчанд давлатҳо), инчунин оид ба ташаккули сатҳи поёнии нархҳои индикативӣ, воридоти асъор, ки ифшо намудани онҳо стратегия ва тактикаи савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ошкор месозанд; 
20) маҷмӯи маълумот оид ба захираҳои давлатии металлҳои қиматбаҳо бо ифодаи аслӣ ва пулӣ дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
21) маҷмӯи маълумот дар хусуси воридот ва содироти тиллои ғайрипулӣ, металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ё маҳсулоти онҳо дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; 
22) ошкоркунандаи рақамҳои дурнамо оид ба истеҳсоли тилло, дар давраи аз як сол ва бештар аз он бо ифодаи аслӣ дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; 
23) ошкоркунандаи ҳаҷми дурнамо ё воқеии истеҳсоли платина, металлҳои гурӯҳи платина (палладий, иридий, родий, рутений, осмий) ва нуқра бо ифодаи аслӣ дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
24) маҷмӯи маълумот оид ба воридоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ба Фонди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи аз як сол ва бештар аз он бо ифодаи аслӣ ё арзиши пулӣ дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
25) маҷмӯи маълумот дар бораи ҳаҷми истеъмол ё фурӯши металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо дар муқоиса бо ҳаҷми истеҳсоли он дар давраи аз як сол ва бештар аз он бо ифодаи аслӣ ё арзиши пулӣ дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
26) дар бораи ҳаҷми истеъмоли платина, металлҳои гурӯҳи платина (палладий, иридий, родий, рутений, осмий) ва нуқра дар алоҳидагӣ бо ифодаи аслӣ дар муқоиса бо ҳаҷми истеҳсоли металлҳои мазкур дар давраи аз як сол ва бештар аз он дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
27) оид ба арзиши аслии платина, металлҳои гурӯҳи платина (палладий, иридий, родий, рутений, осмий), тилло ва нуқра дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
28) дар бораи маблағгузорӣ ва (ё) фаъолияти пулию қарздиҳӣ, ки пешакӣ паҳн кардани онҳо метавонад ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар расонад;
29) ошкоркунандаи ҳаҷми истеҳсол ё таҳвили навъҳои стратегии маҳсулоти хоми кишоварзӣ; (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1185)
30) маҷмӯи маълумот оид ба талабот ба маблағгузорӣ ва хароҷоти воқеии молиявӣ вобаста ба моддаҳои алоҳидаи буҷети Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1185)
31) дар бораи ҳаҷми умумии маъдани уран, маъданҳои тоза, оксидҳо, намакҳо бо нишон додани мавҷудияти фоизи уран дар онҳо, ки дар корхонаҳо, идораҳои маъдан, завод, кон ва соҳаи истихроҷкунанда нигоҳ дошта мешаванд;
32) маҷмӯи маълумот оид ба эҳтиёҷоти хоҷагии халқи Тоҷикистон ба металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;
33) оид ба ҳаҷми нақшавии воридот ё содироти тилло, нуқра ва сангҳои қиматбаҳо бо ифодаи аслӣ ё арзиши пулӣ дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
34) маҷмӯи маълумот дар бораи ҳаҷми нақшавии фурӯши тилло бо асъори мубодилаи озод ё миқдори тиллое, ки барои харидории мол аз хориҷа ҷудо карда шудааст, дар давраи аз як сол ва бештар аз он;
35) маҷмӯи маълумот оид ба имконияти гузаронандагии роҳи оҳан дар самтҳои асосӣ, ки номгӯйи онҳоро Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» муайян мекунад; 
36) дар бораи нақша ва иқтидори манбаъҳои амалкунанда ва захиравии таъмини барқи роҳи оҳан;
37) оид ба истеҳсоли металлҳои ранга, нодир ва дигар маводи дорои аҳамияти стратегӣ дар саноати металлургӣ.
2. Маълумот дар соҳаи иқтисод, молия, саноат, илм ва техника, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии худ мутобиқи шартномаҳои байналмилалӣ оид ба чораҳои таҳкими боварӣ ва амният пешниҳод менамояд, ба сирри давлатӣ мансуб дониста намешаванд. 
 
Моддаи 17. Маълумот дар соҳаи сиёсии хориҷӣ ва иқтисодии хориҷӣ, ки ба сирри давлатӣ мансубанд
 
1. Ба сирри давлатӣ дар соҳаи сиёсии хориҷӣ ва иқтисодии хориҷӣ маълумоти зерин мансубанд:  
1) оид ба масъалаҳои сиёсати хориҷӣ, савдои хориҷӣ, робитаҳои илмию техникие, ки стратегия ва тактикаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ошкор месозанд ва пешакӣ паҳн кардани онҳо метавонад ба манфиати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар расонад;
2) оид ба масъалаҳои сиёсӣ, ҳарбӣ, илмию техникӣ ё иқтисодӣ нисбат ба як ё якчанд кишварҳои хориҷӣ, ки дар асоси боварӣ дастрас шудаанд, агар ифшои онҳо боиси ошкор сохтани манбаи чунин маълумот гардад; 
3) оид ба гуфтушунид байни намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони дигар давлатҳо дар бораи муайян намудани мавқеи ягонаи қатъӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ, агар ифшои ин маълумот барои яке аз тарафҳо метавонад боиси мушкилиҳои дипломатӣ гардад;
4) дар бораи омода намудан, ба имзо расонидан, тасдиқ ё бекор намудан, мӯҳтаво ва иҷрои шартномаҳои байналмилалӣ, ки пешакӣ ошкор намудани онҳо метавонад ба иқтидори мудофиавӣ, амният, манфиатҳои сиёсӣ ё иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар расонад;
5) дар бораи воридот ва содироти аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, дар бораи мусоидати техникӣ ба давлатҳои хориҷӣ дар сохтани аслиҳа, техникаи ҳарбӣ, объектҳои ҳарбӣ, аз ҷумла ройгон, бо зикри кишварҳои қабулкунанда, агар ифшои ин маълумот барои яке аз тарафҳо метавонад боиси мушкилиҳои дипломатӣ гардад;
6) ошкоркунандаи мӯҳтавои чорабиниҳо оид ба таъмини мутақобилаи таҳвили ашё, мавод, сӯзишворӣ, таҷҳизот, доруворӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли ҳисоббаробаркунӣ ё тадбирҳо оид ба мусоидати техникӣ аз ҷониби давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар сохтмони корхонаҳо ва иншоот дар соли ҳисоббаробаркунӣ дар маҷмӯъ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1185)
7) ошкоркунандаи ҳаҷми боркашонии воридотию содиротӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли ҳисоббаробаркунӣ дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1185)
8) дар дастурҳо, нақшаҳо ва супоришҳое, ки ба аъзои ҳайат ва шахсони мансабдор оид ба масъалаҳои фаъолияти сиёсии хориҷӣ ва иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд, мавҷуданд; 
9) дар пешниҳодҳо оид ба ҳалли масъалаҳои стратегии муносибатҳои сиёсии хориҷӣ, инчунин оид ба амалишавии ҳамкориҳо бо дигар кишварҳои хориҷӣ мавҷудбуда, ки ифшо кардани онҳо стратегия ва тактикаи сиёсати берунии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ошкор месозанд. 
2. Маълумот дар соҳаи сиёсии хориҷӣ ва иқтисодии хориҷӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии худ мутобиқи шартномаҳои байналмилалӣ оид ба чораҳои таҳкими боварӣ ва амният пешниҳод менамояд, ба сирри давлатӣ мансуб дониста намешаванд. 
 
Моддаи 18. Маълумот дар соҳаи фаъолияти разведкавӣ, зиддиразведкавӣ, оперативӣ –ҷустуҷӯӣ ва дигар фаъолият, ки ба сирри давлатӣ мансубанд
 
Ба сирри давлатӣ дар соҳаи фаъолияти разведкавӣ, зиддиразведкавӣ, оперативӣ - ҷустуҷӯӣ ва дигар фаъолият маълумоти зерин мансубанд:  
1) дар бораи қувваҳо, воситаҳо, манбаъҳо, усулҳо, нақшаҳо, ҳолат, ташкил, тактика, натиҷаҳо ва маблағгузории фаъолияти разведкавӣ, зиддиразведкавӣ ва оперативӣ-ҷустуҷӯӣ;
2) ошкоркунандаи мансубияти шахсони мушаххас ба ҳайати кадрии мақомоти разведкавӣ ва зиддиразведкавии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) дар бораи шахсони ба муҳити ҷиноятӣ воридкардашуда, ҳамчунин оид ба хешовандони наздики онҳо, агар нисбати чунин хешовандон таҳдид ба ҳаёт, саломатӣ ва молу мулкашон ҷой дошта бошад;
4) дар бораи кормандони штатии ғайриошкорои мақомоти амаликунандаи фаъолияти разведкавӣ, зиддиразведкавӣ ва оперативӣ – ҷустуҷӯӣ, инчунин хешовандони наздики онҳо, агар нисбати чунин хешовандон таҳдид ба ҳаёт, саломатӣ ва молу мулкашон ҷой дошта бошад;
5) дар бораи шахсоне, ки ба мақомоти амаликунандаи фаъолияти разведкавӣ, зиддиразведкавӣ ва оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба таври махфӣ мусоидат менамоянд ё мусоидат кардаанд;
6) дар бораи қувваҳо, намудҳо, ҷараён, тарзу усулҳо ва маблағгузории амалигардонии ҳимояи давлатӣ (татбиқи чораҳои амниятӣ) нисбат ба шахси ҳимояшаванда, маълумот дар бораи ӯ ва хешовандони наздикаш;
7) ошкоркунандаи ҳолат, натиҷа, инчунин чорабиниҳои кори оперативию сафарбарӣ, аз ҷумла дар соҳаи фаъолияти разведкавӣ; 
8) ошкоркунандаи қувва, воcитаҳо, усулҳо, нақшаҳо, ҳолат ва натиҷаҳои фаъолияти мақомоти разведкаи радиоэлектронӣ, воситаҳои алоқа, инчунин маълумот оид ба маблағгузории чунин фаъолият, агар он маълумоти номбаршударо ошкор намояд;
9) маълумоти омории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки шахсони объекти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯибударо ошкор месозанд; 
10) ошкоркунандаи қувва, воcитаҳо ва уcулҳои пешбурди тафтишот оид ба парвандаҳои ҷиноятии марбут ба манфиатҳои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
11) дар бораи шахсоне, ки дар кирдори онҳо аломатҳои ҷиноятҳо ба муқобили амнияти давлат, инчунин ҷиноятҳои хусусияти террористидошта мавҷуданд;
12) дар бораи номгӯй (номенклатура), ҳаҷми таҳвил, эҳтиёҷот, теъдоди аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва махсус дар мақомоте, ки фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯиро амалӣ менамоянд; (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1185)
13) ошкоркунандаи қувва, воcитаҳо ва усулҳои ҷузъу томҳои мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона, инчунин чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва оперативӣ-техникие, ки онҳо мегузаронанд; 
14) дар бораи кормандони воҳидҳои таъиноти махсус, шахсони иштирокчӣ ва (ё) мусоидаткунанда дар гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ, огоҳонидан, ошкор намудан, пешгирӣ кардан ва кушодани амали терроризм ва дар бораи хешовандони наздики онҳо, агар нисбати чунин хешовандон таҳдид ба ҳаёт, саломатӣ ва молу мулкашон ҷой дошта бошад; 
15) ошкоркунандаи ташкил ва уcулҳои истифодаи воситаҳои техникаи махсус ҳангоми ҳалли масъалаҳои разведкавӣ, зиддиразведкавӣ ва оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ё тартиби ташкили чорабиниҳои мушаххаси оперативӣ-техникӣ ё маълумот оид ба маҳалли ҷойгиршавии воситаҳои техникаи махсус дар иншоот; 
16) ошкоркунандаи маълумоти тактикию техникии воситаҳои техникии ҳифз ё системаҳои огоҳонӣ (сигналдиҳӣ), мӯҳтавои чораҳои низоми гузаргоҳӣ ва дохилииншоотии объектҳои алоҳидаи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар онҳо бо мақсади ҳифзи сирри давлатӣ низоми махсуси фаъолият муқаррар шудааст;
17) оид ба самтҳои ҳамкориҳои муштарак байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани амалиёти вобаста ба мубориза бар зидди контрабанда (қочоқ); (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1185)
18) ифшокунандаи кормандони мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, хешовандони наздики онҳо, дар ҳолати мавҷуд будани маълумот оид ба таҳдид ба ҳаёт ва cаломатии онҳо, ки бинобар иҷрои вазифаҳои хизматиашон ба миён омадааст; 
19) оид ба ташкили хадамот ва тактикаи амали мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми истифода бурдани техникаи махсус барои боздошти вайронкунандагони сарҳад;
20) оид ба ҳолати махсуси ғайриошкорои ҷузъу томҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, маҳалли ҷойгиршавии ташкилотҳое, ки бо мақсади пинҳонкорӣ таъсис гардидаанд;
21) ошкоркунандаи маҳалли ҷойгиршавии биноҳое, ки ба манфиати ҳалли вазифаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ махфӣ истифода бурда мешаванд;  (ҚҶТ аз 02.01.20 с., №1664 )
22) ошкоркунандаи ташкил, қувва, воситаҳо ё усулҳои таъмини амнияти объектҳои ҳифзи давлатӣ, инчунин маълумот оид ба маблағгузории чунин фаъолият, агар онҳо маълумоти зикргардидаро ошкор созанд; 
23) ошкоркунандаи масъалаҳои ҳолати муҳофизат, воситаҳои техникии ҳифз дар муассисаҳои Бонки миллии Тоҷикистон, бонкҳои давлатӣ, мӯҳлат, cамти ҳаракат, системаи интиқоли пулҳои қоғазӣ ва тангаҳо, металлҳои қиматбаҳо ва дигар сарватҳо аз Хазинаи марказӣ ва фондҳои эҳтиётии Бонки миллии Тоҷикистон ва Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
24) ошкоркунандаи ташкил, воситаҳо ва усулҳои низоми махфият ё ҳолати воқеии ҳифзи сирри давлатӣ; (ҚҶТ аз 02.01.20 с., №1664 )
25) ошкоркунандаи чорабиниҳои нақшавӣ ва (ё) гузаронидашаванда оид ба ҳифзи маълумот аз дастрасии иҷозатдоданашудаи разведкаи техникии хориҷӣ ва ихроҷ тавассути каналҳои техникӣ; 
26) дар бораи системаи алоқаи президентӣ, ҳукуматӣ, рамзӣ, аз ҷумла дорои код ва махфигардонидашуда, дар бораи рамзҳо, коркарди онҳо, таҳия ва бо онҳо таъмин намудан, дар бораи усул ва воситаҳои таҳлили воситаҳои рамзнависӣ ва воситаҳои ҳифзи махсус, оид ба системаҳои иттилоотию таҳлилии таъиноти махсус;
27) оид ба ташкил, қувва, воситаҳо ва усулҳои таъмини амнияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи ӯ, дар хусуси вазъи саломатӣ ва ҳаёти шахсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи ӯ; 
28) ошкоркунандаи ташкил, қувва, воситаҳо, усулҳо, нақшаҳо ва тактикаи таъмини амнияти шахсони мансабдори ҳимояшавандаи мақомоти давлатӣ; 
29) оид ба иҷрои ҳукмҳо нисбат ба шахсоне, ки ба ҷазои қатл маҳкум шудаанд, яъне оид ба ташкили иҷрои ҳукм ва дафн, маҳалли иҷрои ҳукм, шахсоне, ки ҳукмро иҷро менамоянд, маҳалли дафни маҳкумшуда, ки нисбат ба ӯ ҷазои қатл татбиқ гардидааст;
30) оид ба натиҷаҳои корҳои илмию таҳқиқотӣ, ки ба такмили чораҳои ҳифзи сирри давлатӣ алоқаманданд. 
 
Моддаи 19. Тартиби ба сирри давлатӣ мансуб донистани маълумот
 
1. Мансуб донистани маълумот ба сирри давлатӣ аз ҷониби роҳбарони мақомоти давлатӣ мутобиқи Номгӯйи шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, ки ваколати ба сирри давлатӣ мансуб донистани маълумотро доранд, амалӣ мегардад. Мақомоти давлатӣ таҳти роҳбарии шахсони мансабдори зикргардида ваколатдоранд, ки дар доираи салоҳияти худ маълумоти ба сирри давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуббударо ихтиёрдорӣ намоянд.
2. Мансуб донистани маълумот ба сирри давлатӣ мувофиқи мансубияти соҳавӣ, идоравӣ ё барномавию мақсаднокии онҳо амалӣ карда мешавад. Мақомоти давлатӣ, ки ба роҳбарони онҳо ваколати ба сирри давлатӣ мансуб донистани маълумот дода шудааст, дар асоси моддаҳои 13-18 Қонуни мазкур бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯйи соҳавии маълумотро, ки бояд махфигардонӣ шаванд, таҳия менамоянд. Ба ин номгӯй маълумоте, ки мақомоти зикршуда ваколати ихтиёрдории онҳоро доранд, дохил карда шуда, дараҷаи махфияти онҳо муқаррар мегардад. Дар доираи барномаҳои мақсаднок оид ба коркард ва азнавкунии намунаҳои аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҷрибавӣ-конструкторӣ бо қарори фармоишгарони намунаҳо ва корҳои зикргардида метавонанд номгӯйи алоҳидаи маълумот, ки бояд махфигардонӣ шаванд, таҳия карда шаванд. Ин номгӯйро роҳбарони мақомоти дахлдори давлатӣ тасдиқ менамоянд. Мақсаднокии махфигардонии чунин номгӯй аз рӯи мӯҳтавои онҳо муайян карда мешавад. 
3. Асосноккунии зарурати ба сирри давлатӣ мансуб донистани маълумот мувофиқи принсипҳои махфигардонии маълумот ба зиммаи мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, ки ин маълумотро ба даст овардаанд ё таҳия намудаанд, вогузор карда мешавад. 
4. Нисбат ба асосноккунии ба сирри давлатӣ мансуб донистани маълумот бо тартиби судӣ шикоят кардан мумкин аст. Дар ҳолати бо қарори суд беасос донистани махфигардонии маълумот, ин маълумот бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ғайримахфӣ гардонида мешаванд.
 
БОБИ 4.
МАХФИГАРДОНИИ МАЪЛУМОТ ВА ҲОМИЛҲОИ ОНҲО, КИ ДОРОИ СИРРИ ДАВЛАТӢ МЕБОШАНД
 
Моддаи 20. Принсипҳои махфигардонии маълумот ва ҳомилҳои онҳо
 
1. Махфигардонии маълумот ва ҳомилҳои онҳо, ки дорои сирри давлатӣ мебошанд, мувофиқи принсипҳои қонуният, асоснокӣ ва саривақтӣ будан амалӣ мегардад. 
2. Қонуният ин мутобиқ будани махфигардонии маълумот ва ҳомилҳои онҳо, ки дорои сирри давлатӣ мебошанд ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. (ҚҶТ аз 02.01.20 с., №1664 )
3. Асоснокӣ ин бо роҳи баҳодиҳии экспертӣ муқаррар намудани ба мақсад мувофиқ будани махфигардонии маълумоти мушаххаси дорои сирри давлатӣ ва ҳомилҳои онҳо, оқибатҳои эҳтимолии иқтисодӣ ва дигар оқибатҳои ҳамин амал бо дарназардошти манфиатҳои ҳаётан муҳими шаҳрвандон, ҷомеа ва давлат мебошад. (ҚҶТ аз 02.01.20 с., №1664 )
4. Саривақтӣ будан ин муқаррар намудани маҳдудиятҳо ба паҳн намудани маълумот ва ҳомилҳои онҳо, ки дорои сирри давлатӣ мебошанд аз лаҳзаи ба даст овардан, таҳияи онҳо ё пешакӣ мебошад. 
 
Моддаи 21. Маълумоте, ки махфигардонӣ намешаванд 
 
1. Маълумоти зерин махфигардонӣ намешаванд: 
- оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва фалокатҳо, ки ба амният ва саломатии шаҳрвандон таҳдид мекунанд ва оқибатҳои онҳо, инчунин оид ба офатҳои табиӣ, пешгӯии расмӣ ва оқибатҳои онҳо;
- оид ба вазъи экологӣ, тандурустӣ, санитарӣ, демографӣ, маориф, фарҳанг, кишоварзӣ, инчунин оид ба вазъи ҷинояткорӣ;
- оид ба бартариятҳо, ҷуброн ва имтиёзҳо, ки давлат ба шаҳрвандон, шахсони мансабдор ва ташкилотҳо пешниҳод менамояд;
- оид ба ҳолатҳои вайрон намудани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд;
-оид ба ҳолатҳои вайрон намудани қонуният аз тарафи мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо;
- оид ба ҷазодиҳии (репрессияҳои) оммавӣ бо сабабҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва дигар сабабҳо, аз ҷумла дар бойгонӣ мавҷудбуда, ба истиснои маълумоти дар моддаи 18 Қонуни мазкур пешбинишуда. 
2. Шахсони мансабдоре, ки қарор оид ба махфигардонии маълумоти дар қисми 1 моддаи мазкур зикршуда ва ё бо ин мақсад ба ҳомилҳои маълумоти дорои сирри давлатӣ дохил намудани онҳоро қабул кардаанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 22. Дараҷаи махфияти маълумоти дорои сирри давлатӣ ва мӯҳри махфияти ҳомилҳои ин маълумот 
 
1. Дараҷаи махфияти маълумоти дорои сирри давлатӣ бояд ба дараҷаи вазнинии зараре, ки ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандон ё манфиатҳои мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо дар натиҷаи паҳн намудани маълумоти зикршуда расонида шудааст ё расонида шуда метавонад, мувофиқат намояд.
2. Се дараҷаи махфияти маълумоти дорои сирри давлатӣ ва мувофиқан ба ин дараҷаҳо мӯҳрҳои махфият барои ҳомилҳои ин маълумот бо зикри мӯҳлати махфигардонии ин маълумот муқаррар карда мешаванд. Ба маълумоти дорои сирри давлатӣ мӯҳрҳои махфияти «фавқулодда муҳим», «комилан махфӣ» ва «махфӣ» дода мешаванд. 
3. Истифодаи мӯҳрҳои махфияти номбурда, барои махфигардонии маълумоте, ки ба сирри давлатӣ мансуб намебошанд, инчунин додани дигар мӯҳрҳои маҳдудкунанда ба маълумоти зикршуда иҷозат дода намешавад.
4. Дараҷаи махфияти маълумоти дорои сирри давлатӣ ва мӯҳрҳои махфияти ҳомилҳои ин маълумот метавонанд бо тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур тағйир дода шаванд.
 
Моддаи 23. Ҳуқуқи моликияти шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо ба маълумоти  дорои сирри давлатӣ ва ҳомилҳои онҳо вобаста ба махфигардонии онҳо 
 
1. Шахсони мансабдоре, ки барои ба сирри давлатӣ мансуб донистани маълумот ваколатдор мебошанд, ҳуқуқ доранд дар бораи махфигардонии маълумот ва ҳомилҳои онҳо, ки моликияти шаҳрвандон ва (ё) ташкилотҳо мебошанд, қарор қабул намоянд, агар ин маълумот дар моддаҳои 13-18 Қонуни мазкур ё дар номгӯйи маълумоти соҳавии махфигардонидашаванда номбар гардида бошанд. Махфигардонии маълумоти зикршуда ва ҳомилҳои онҳо дар асоси шартномаи бегонакунии маълумот байни молики маълумоти дорои сирри давлатӣ ва ҳомилҳои онҳо ва мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳое, ки ин маълумот ва ҳомилҳои онҳо ба ихтиёрашон мегузаранд, амалӣ карда мешавад. Маълумот ва ҳомилҳои онҳо, ки дорои сирри давлатӣ мебошанд, метавонанд ба сирри давлатӣ ба таври музднок ё бемузд мансуб дониста шаванд ва дар ҳолати ба сирри давлатӣ мансуб донистани маълумоти дорои сирри давлатӣ ва ҳомилҳои онҳо, давлат ба онҳо ҳуқуқи моликият пайдо мекунад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1185)
2. Дар шартномаи бегонакунии  маълумоти дорои сирри давлатӣ ва ҳомилҳои онҳо инҳо пешбинӣ карда мешаванд:
- ҳаҷми ҷуброн ба шаҳрвандон ва (ё) ташкилотҳои молики маълумоти дорои сирри давлатӣ ва ҳомилҳои онҳо ҳангоми бегонакунии онҳо бинобар мансуб донистан ба сирри давлатӣ;
- ӯҳдадориҳои шаҳрвандон ва (ё) ташкилотҳои молики маълумоти дорои сирри давлатӣ ва ҳомилҳои онҳо оид ба ифшо накардани маълумоти мазкур.
3. Дар сурати ба бегонакунии маълумоти дорои сирри давлатӣ ва ҳомилҳои онҳо ихтиёран розӣ нашудани шаҳрвандон ва (ё) ташкилотҳои молики маълумоти дорои сирри давлатӣ, ин маълумот ва ҳомилҳои онҳо маҷбуран бо тартиби судӣ бегона карда мешаванд. Дар ин сурат ба шаҳрванд ва (ё) ташкилоти молики маълумоти дорои сирри давлатӣ ва ҳомилҳои онҳо, бо қарори суд арзиши маълумоти бегонашаванда ва ҳомилҳои онҳо, бо ҳисобкунии хароҷоти бегонакунӣ ҷуброн карда мешавад ва онҳо барои ифшо накардани маълумоти бегонашаванда ӯҳдадор мебошанд. 
4. Шаҳрванд ва (ё) ташкилот ҳуқуқ доранд, ки нисбат ба амалҳои шахсони мансабдор ҳангоми ба сирри давлатӣ мансуб донистани маълумот ва ҳомилҳои ба онҳо тааллуқдошта ба суд шикоят намоянд. Дар сурати аз тарафи суд ғайриқонунӣ эътироф гардидани амалҳои шахсони мансабдор ҳангоми ба сирри давлатӣ мансуб донистани маълумот ва ҳомилҳои онҳо, ки моликияти шаҳрванд ва (ё) ташкилот мебошанд, ба шаҳрванд ва (ё) ташкилот зарари расонидашуда мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад. 
 
Моддаи 24. Тартиб ва мӯҳлатҳои махфигардонии маълумот ва ҳомилҳои онҳо 
 
1. Асос барои махфигардонии маълумоте, ки дар натиҷаи фаъолияти идоравӣ, истеҳсолӣ, илмӣ ва дигар намудҳои фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шаҳрвандон ба даст омадаанд ё таҳия шудаанд, мутобиқ будани онҳо ба номгӯйи маълумоти махфигардонидашавандаи дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои мазкур амалкунанда ба ҳисоб меравад. Дар сурати махфигардонии ин маълумот ба ҳомилҳои онҳо мӯҳри махфияти дахлдор дода мешавад.
2. Дар ҳолати имконнопазирии айнияткунонии маълумоти бадастовардашуда ё таҳияшуда бо маълумоти дар номгӯйи амалкунандаи маълумот мавҷудбуда, шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шаҳрвандон ӯҳдадоранд, махфигардонии пешакии маълумоти бадастовардашуда ё таҳияшударо мутобиқи дараҷаи махфияти пешбинишаванда таъмин намуда, дар мӯҳлати як моҳ ба унвони шахси мансабдори номгӯйи мазкурро тасдиқнамуда оид ба тағйир додан ва илова намудан ба он таклифҳо ирсол намоянд. Шахсони мансабдори номгӯйи амалкунандаро тасдиқнамуда ӯҳдадоранд, ки дар давоми се моҳ баҳодиҳии экспертии пешниҳодҳои воридшударо ташкил намуда, оид ба тағйир додан ва илова намудан ба номгӯйи амалкунанда ё бардоштани мӯҳри махфияти пешакӣ ба маълумот додашуда қарор қабул намоянд.
3. Мақомоти давлатӣ, ки роҳбарони онҳо барои мансуб донистани маълумот ба сирри давлатӣ ваколатдор карда шудаанд, ӯҳдадоранд давра ба давра, вале на камтар аз ҳар 5 сол мазмуни номгӯйи маълумоти махфигардонидашавандаро, ки дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо амал мекунанд, дар қисми асоснокии махфигардонии маълумот ва мутобиқати онҳо ба дараҷаи пештар муқарраршудаи махфият аз нав баррасӣ намоянд. 
4. Бо мақсади махфигардонии маълумоти дорои сирри давлатӣ мӯҳлатҳои зерин муқаррар карда мешаванд:
- мӯҳлати махфигардонии маълумоти дар бандҳои 1), 2), 6), 7), 8), 11), 15), 16), 17), 19), 24), 27) моддаи 13, бандҳои 3), 5) моддаи 14, бандҳои 1), 8) моддаи 15, бандҳои 4), 6), 7), 13), 14), 18), 24), 25), 26), 33), 36), 37) қисми 1 моддаи 16, бандҳои 2), 3), 9) қисми 1 моддаи 17, бандҳои 1), 2), 3), 4), 5), 7), 8), 9), 11), 12), 13), 14), 15), 16), 17), 19), 20), 21), 22), 24), 25), 26), 27), 28), 29), 30) моддаи 18 Қонуни мазкур пешбинигардида доимӣ мебошад;
- мӯҳлати махфигардонии маълумоти дар бандҳои 12), 13), 14), 20), 25), 26), 32), 33), 34) моддаи 13, банди 11) моддаи 15, бандҳои 3), 17)   қисми 1 моддаи 16, бандҳои 4), 5) қисми 1 моддаи 17, бандҳои 10), 18) моддаи 18 Қонуни мазкур пешбинигардида 25 сол мебошад;
- мӯҳлати махфигардонии маълумоти дар бандҳои 30), 31) моддаи 13 Қонуни мазкур пешбинигардида 20 сол мебошад;
- мӯҳлати махфигардонии маълумоти дар бандҳои 5), 9), 18), 21), 22), 23), 28), 29) моддаи 13, бандҳои 1), 2) моддаи 14, бандҳои 3), 4), 7), 9) моддаи 15, бандҳои 1), 2), 5), 8), 9), 12), 16), 20), 22), 23), 27), 29), 30), 32) қисми 1 моддаи 16, банди 6) қисми 1 моддаи 17, банди 23) моддаи 18 Қонуни мазкур пешбинигардида 10 сол мебошад;
- мӯҳлати махфигардонии маълумоти дар банди 10) моддаи 13 Қонуни мазкур пешбинигардида 7 сол мебошад;
- мӯҳлати махфигардонии маълумоти дар бандҳои 3), 35), 36) моддаи 13, банди 4) моддаи 14, бандҳои 2), 5), 6), 10), 12) моддаи 15, бандҳои 21), 28), 31), 35) қисми 1 моддаи 16, бандҳои 1), 8) қисми 1 моддаи 17 Қонуни мазкур пешбинигардида 5 сол мебошад;
- мӯҳлати махфигардонии маълумоти дар банди 4) моддаи 13, банди 7) қисми 1 моддаи 17 Қонуни мазкур пешбинигардида 3 сол мебошад;
- мӯҳлати махфигардонии маълумоти дар бандҳои 10), 11), 19) қисми 1 моддаи 16 Қонуни мазкур пешбинигардида то лаҳзаи нашри расмӣ ба ҳисоб гирифта мешавад;
- мӯҳлати махфигардонии маълумоти дар банди 15) қисми 1  моддаи 16 Қонуни мазкур пешбинигардида то нав кардани маводи дахлдори топографӣ, геодезӣ ва харитасозӣ нигоҳ дошта мешавад; (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1185)
- мӯҳлати махфигардонии маълумоти дар банди 34) қисми 1  моддаи 16 Қонуни мазкур пешбинигардида то анҷоми мӯҳлати амали нақша ба ҳисоб гирифта мешавад;
- мӯҳлати махфигардонии маълумоти дар банди 6) моддаи 18 Қонуни мазкур пешбинигардида бо дарназардошти хусусияти чораи амниятии татбиқшаванда аз ҷониби роҳбари мақоме, ки оид ба татбиқи ҳимояи давлатӣ қарор қабул менамояд, муайян карда мешавад.
5. Муҳлати раванди махфигардонии маълумоти дорои сирри давлатӣ аз лаҳзаи ба ҳомилҳои онҳо гузоштани муҳри махфият оғоз мегардад. (ҚҶТ аз 02.01.20 с., №1664 )
 
Моддаи 25. Навиштаҷоти ҳатмии ҳомилҳои маълумоти дорои сирри давлатӣ 
 
1. Ба ҳомилҳои маълумоти дорои сирри давлатӣ навиштаҷоте гузошта мешаванд, ки маълумоти зеринро дарбар мегиранд:
- дар бораи дараҷаи махфияти маълумоти дар ҳомил ҷойдошта тибқи банди дахлдори номгӯйи маълумоти махфигардонидашаванда, ки дар мақоми давлатӣ ва ташкилоти мазкур амал мекунад;
- дар бораи мақоми давлатӣ ё ташкилоте, ки махфигардонии ҳомилро анҷом додаанд;
- дар бораи рақами бақайдгирӣ; 
- дар бораи сана ё шарти ғайримахфигардонии маълумот ва ё дар бораи ҳодисае, ки баъди ба миён омадани он маълумот ғайримахфигардонӣ мешаванд.
2. Ҳангоми ғайриимкон будани ба ҳомилҳои маълумоти дорои сирри давлатӣ гузоштани чунин навиштаҷот ин маълумот дар ҳуҷҷатҳои ба онҳо ҳамроҳкунанда зикр карда мешаванд.
3. Агар ҳомил аз якчанд қисми таркибии дорои дараҷаҳои гуногуни махфият иборат бошад, ба ҳар як қисми таркибии он мӯҳри махфияти дахлдор дода шуда, ба ҳомил дар маҷмӯъ мӯҳри махфияте дода мешавад, ки ба дараҷаи махфияти ба қисми таркибии он додашуда мутобиқ буда, барои ҳомили мазкур дараҷаи баланди махфиятро дорад. 
4. Ба ғайр аз навиштаҷоти дар моддаи мазкур пешбинигардида, дар ҳомил ва (ё) ҳуҷҷатҳои ба онҳо ҳамроҳкунанда метавонанд қайдҳои иловагии муайянкунандаи ваколатҳои шахсони мансабдор оид ба шиносшавӣ бо маълумоти дар ин ҳомил ҷойдошта гузошта шаванд.
 
БОБИ 5.
ҒАЙРИМАХФИГАРДОНИИ МАЪЛУМОТ ВА ҲОМИЛҲОИ ОНҲО
 
Моддаи 26. Асосҳои ғайримахфигардонии маълумот 
 
1. Асосҳо барои ғайримахфигардонии маълумот инҳоянд: 
- аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи худ гирифтани ӯҳдадориҳои байналмилалӣ оид ба мубодилаи ошкорои маълумоте, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои сирри давлатианд; 
- тағйир ёфтани ҳолатҳои объективӣ, ки дар натиҷаи он ҳифзи минбаъдаи маълумоти дорои сирри давлатӣ мувофиқи мақсад нест;
- хориҷ намудан аз маълумоти ба сирри давлатӣ мансуббуда, ки бо моддаҳои 13-18 Қонуни мазкур муайян шудаанд;
- гузаштани мӯҳлати махфигардонии маълумот; 
- зарурати истифодаи натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар мурофиаи ҷиноятӣ. 
2. Ҳуқуқи тағйир додани номгӯйи идоравии маълумоти махфигардонидашавандаро, ки дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо амал мекунанд, роҳбарони мақомоти давлатии онҳоро тасдиқкарда доранд ва барои асоснокии қарорҳои қабулнамудаашон оид ба ғайримахфигардонии маълумот масъулияти шахсӣ доранд. Қарорҳои роҳбарони мазкур, вобаста ба тағйир додани номгӯйи идоравии маълумоти дорои сирри давлатӣ бояд бо мақоми ваколатдори давлатӣ мувофиқа карда шаванд. 
 
Моддаи 27. Тартиби ғайримахфигардонии ҳомилҳои маълумоти дорои сирри давлатӣ 
 
1. Ҳомилҳои маълумоти дорои сирри давлатӣ на дертар аз мӯҳлатҳое, ки ҳангоми махфигардонии онҳо муқаррар карда шудаанд, ғайримахфӣ гардонида мешаванд. Агар талаботи номгӯйи дар мақоми давлатӣ ва ташкилот амалкунанда, ки дар асоси он ҳомилҳо махфӣ гардонида шудаанд, тағйир дода шуда бошанд, он гоҳ то ба охир расидани ин мӯҳлатҳо ҳомилҳо бояд ғайримахфӣ гардонида шаванд. 
2. Дар ҳолатҳои истисноӣ ҳуқуқи тамдид намудани мӯҳлати аввал муқарраршудаи махфигардонии ҳомилҳои маълумоти дорои сирри давлатӣ ба роҳбарони мақомоти давлатии барои ба сирри давлатӣ мансуб донистани маълумоти дахлдор ваколатдоршуда дар асоси хулосаи комиссияи экспертии аз ҷониби онҳо бо тартиби муқарраршуда таъингардида дода мешавад. Зимнан муҳлате, ки махфӣ будани маълумоти дорои сирри давлатӣ ба муддати он тамдид карда мешавад, набояд аз муҳлати пешбининамудаи қисми 2 моддаи 24 Қонуни мазкур зиёд бошад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1185)
3. Ба роҳбарони мақомоти давлатӣ барои ғайримах-фигардонии ҳомилҳои маълумоте, ки аз тарафи шахсони мансабдори тобеашон беасос махфигардонӣ шудаанд, ваколат дода мешавад. 
4. Роҳбарони бойгониҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдоранд, ки ҳомилҳои маълумоти дорои сирри давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар фондҳои пӯшидаи ин бойгониҳо барои нигоҳдорӣ мавҷуданд, ғайримахфӣ намоянд, агар онҳоро ташкилоти фондташкилкунанда ё вориси ҳуқуқии он ваколатдор карда бошад. Ҳангоми барҳам додани ташкилоти фондташкилкунанда ва мавҷуд набудани вориси ҳуқуқии он масъалаи тартиби ғайримахфигардонии ҳомилҳои маълумоти дорои сирри давлатӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешавад. 
 
Моддаи 28. Баррасии дархостҳои шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо оид ба ғайримахфигардонии маълумот 
 
1. Шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо ҳуқуқ доранд ба мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, аз ҷумла ба бойгониҳои давлатӣ бо дархост оид ба ғайримахфигардонии маълумоти дорои сирри давлатӣ муроҷиат намоянд.
2. Мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, аз ҷумла бойгониҳои давлатӣ, ки чунин дархостро гирифтаанд, ӯҳдадоранд онро дар мӯҳлати то як моҳ баррасӣ намуда, аз рӯи моҳияти дархост ҷавоби асоснок диҳанд. Агар онҳо барои ҳал намудани масъалаи ғайримахфигардонии маълумоти дархостшаванда салоҳиятнок набошанд, он гоҳ дархост ба мақоми давлатӣ, ки ба он чунин ваколатҳо дода шудааст ва ё ба мақоми ваколатдори давлатӣ ирсол карда, дар ин бора шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, ки дархост пешниҳод кардаанд, огоҳонида мешаванд.
 
БОБИ 6.
ИХТИЁРДОРИИ МАЪЛУМОТИ ДОРОИ СИРРИ ДАВЛАТӢ
 
Моддаи 29. Додани маълумоти дорои сирри давлатӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо
 
1. Додани маълумоти дорои сирри давлатӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, ки таҳти тобеият қарор надоранд ва фаъолияти муштаракро амалӣ намекунанд, бо иҷозати мақоми давлатие, ки мутобиқи моддаи 19 Қонуни мазкур ин маълумот дар ихтиёраш мебошанд, амалӣ карда мешавад.
2. Мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои дархосткунандаи маълумоти дорои сирри давлатӣ ӯҳдадоранд шароитҳое фароҳам оваранд, ки ҳифзи ин маълумотро таъмин намоянд. Роҳбарони онҳо барои риояи тартиби муқарраршуда оид ба шиносшавӣ бо маълумоти дорои сирри давлатӣ масъулияти шахсӣ доранд. Шарти ҳатмӣ барои додани маълумоти дорои сирри давлатӣ ба мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо аз ҷониби онҳо иҷро намудани талаботи Қонуни мазкур мебошад.
 
Моддаи 30. Додани маълумоти дорои сирри давлатӣ бинобар иҷрои корҳои муштарак ва дигар корҳо 
 
1. Додани маълумоти дорои сирри давлатӣ ба ташкилотҳо ё шаҳрвандон бинобар иҷрои корҳои муштарак ва дигар корҳо бо иҷозати мақоми давлатӣ, ки мувофиқи моддаи 19 Қонуни мазкур маълумоти дахлдор дар ихтиёрдории ӯ мебошад, аз тарафи фармоишгар танҳо дар ҳаҷми барои иҷрои ин корҳо зарурӣ амалӣ карда мешавад. Дар ин ҳолат то додани маълумоти дорои сирри давлатӣ фармоишгар ӯҳдадор аст боварӣ ҳосил намояд, ки ташкилот барои гузаронидани корҳо бо истифодаи маълумоти дорои сирри давлатӣ рухсатнома ва шаҳрвандон бошанд, рухсати дахлдорро доранд. 
2. Ташкилотҳо ҳангоми гузаронидани корҳои муштарак ва дигар корҳо, гирифтани фармоишҳои давлатӣ ва вобаста ба ин, ба вуҷуд омадани зарурати истифодаи маълумоти дорои сирри давлатӣ метавонанд бо дигар ташкилотҳо дар бораи истифодаи хизматрасонии воҳидҳои сохтории онҳо оид ба ҳифзи сирри давлатӣ шартнома банданд, ки дар ин бора дар рухсатномаҳои тарафҳо барои гузаронидани корҳо бо истифодаи маълумоти дорои сирри давлатӣ қайди дахлдор карда мешавад. Дар шартномаи гузаронидани корҳои муштарак ва дигар корҳо, ки бо тартиби муқарраршуда баста шудааст, ӯҳдадориҳои тарафайн оид ба таъмини нигоҳдории маълумоти дорои сирри давлатӣ дар рафти гузаронидани корҳо ва баъди анҷомёбии онҳо, инчунин шартҳои маблағгузории корҳо ва хизматрасониҳо оид ба ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ пешбинӣ карда мешаванд. 
3. Ташкили назоратбарии ҳифзи сирри давлатӣ ҳангоми гузаронидани корҳои муштарак ва дигар корҳо мувофиқи муқаррароти шартномаи басташудаи тарафҳо ба зиммаи фармоишгари ин корҳо гузошта мешавад. Ҳангоми аз ҷониби иҷрокунанда дар рафти корҳои муштарак ва дигар корҳо риоя накардани ӯҳдадориҳои ба зиммагирифта оид ба ҳифзи сирри давлатӣ, фармоишгар ҳуқуқ дорад иҷрои фармоишро то бартараф намудани вайронкунӣ боздорад ва ҳангоми вайронкунии такрорӣ оид ба бекор намудани фармоиш ва рухсатнома барои гузаронидани корҳо бо истифодаи маълумоти дорои сирри давлатӣ ва дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳгор масъалагузорӣ намояд. Дар ин ҳолат зарари моддие, ки иҷрокунанда ба давлат дар шахси фармоишгар расонидааст, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.
 
Моддаи 31. Тартиби додани маълумоти дорои сирри давлатӣ ба давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва байнидавлатӣ
 
1. Мақомоти давлатӣ барои қабули қарор оид ба додани маълумоти мушаххаси дорои сирри давлатӣ ба давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва байнидавлатӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо мақомоти давлатие, ки мутобиқи моддаи 19 Қонуни мазкур ваколати ихтиёрдории маълумоти дорои сирри давлатиро доранд, таклифи асоснок пешниҳод менамоянд.
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар бораи имкон доштан ва мувофиқи мақсад будани додани маълумоти дорои сирри давлатӣ ба давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва байнидавлатӣ хулосаи экспертӣ мебарорад.
3. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми мавҷуд будани хулосаи экспертии мақоми ваколатдори давлатӣ дар бораи додани маълумоти дорои сирри давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва байнидавлатӣ амр мебарорад.
4. Ӯҳдадориҳои тарафи қабулкунанда оид ба ҳифзи маълумоти ба ӯ додашаванда дар шартномаи бо он басташаванда пешбинӣ карда мешаванд.
 
БОБИ 7.
ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ
 
Моддаи 32. Чораҳои асосии ташкилию ҳуқуқии ҳифзи сирри давлатӣ
 
Бо мақсади ҳифзи сирри давлатӣ чораҳои зерин муқаррар карда мешаванд:
- талаботи ягона оид ба тайёр кардан, истифода бурдан, ҳифз кардан, додан, интиқол ва баҳисобгирии ҳомилҳои маълумоти дорои сирри давлатӣ ва нигоҳдории онҳо; (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1185)
- рухсатнома барои гузаронидани корҳо бо истифодаи маълумоти дорои сирри давлатӣ;
- низоми махсуси фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо;
- тартиби махсуси дастрасии шаҳрвандон ба сирри давлатӣ;
- маҳдудият дар бораи ба маълумоти умум расонидан, ба давлати дигар додан ё бо роҳи дигар паҳн кардани маълумоти дорои сирри давлатӣ;
- маҳдудият нисбати будубош ва фаъолияти шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷойгиронӣ ва тағйир додани ҷойи иншоот ва воситаҳои техникии ба онҳо тааллуқдошта; 
- маҳдудият оид ба сохтмони иншооти ғайридавлатӣ дар назди объектҳои махсус, ҳарбӣ ва таҳти низом;
- тартиби махсуси амалӣ намудани функсияҳои судӣ, назоратӣ, назоратбарию тафтишотӣ ва дигар функсияҳои мақомоти давлатӣ нисбат ба ташкилотҳое, ки фаъолияташон бо сирри давлатӣ вобаста аст;
- ҳифзи техникӣ ва криптографии маълумоти дорои сирри давлатӣ;
- ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сирри давлатӣ.
 
Моддаи 33. Талаботи ягона нисбат ба ҳомилҳои маълумоти дорои сирри давлатӣ ва  нигоҳдории онҳо 
 
Талаботи ягона оид ба тайёр кардан, истифода бурдан, ҳифз кардан, додан, ҳамлу нақл ва баҳисобгирии ҳомилҳои маълумоти дорои сирри давлатӣ ва нигоҳдории онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд. 
 
Моддаи 34. Низоми махсуси фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо 
 
Низоми махсуси фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, инчунин воҳидҳои сохтории онҳо, ки бо сирри давлатӣ вобаста аст (низоми махфият), бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ карда мешавад. 
 
Моддаи 35. Дастрасии шахси мансабдор ё шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти   дорои сирри давлатӣ
 
1. Ташкили дастрасии шахси мансабдор ё шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти дорои сирри давлатӣ ба зиммаи роҳбари мақоми давлатӣ ё ташкилот, инчунин ба воҳидҳои сохтории онҳо оид ба ҳифзи сирри давлатӣ вогузор карда мешавад. Тартиби дастрасии шахси мансабдор ё шаҳрванд ба маълумоти дорои сирри давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
2. Роҳбарони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо барои фароҳам овардани чунин шароитҳо, ки ҳангоми онҳо шахси мансабдор ё шаҳрванд танҳо бо он маълумоти дорои сирри давлатӣ ва ба андозае шинос мешавад, ки барои иҷрои ӯҳдадориҳои мансабиаш (вазифавиаш) заруранд, масъулияти шахсӣ доранд.
3. Дастрасӣ ба сирри давлатӣ ба шаҳрвандони қобили амали Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 18 расидаанд, пешниҳод карда мешавад, агар он мувофиқи шароитҳои фаъолияти хизматӣ ё илмию таҳқиқотиашон зарур бошад ва барои онҳо мувофиқи тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур, рухсати дахлдор ба расмият дароварда шудааст.
4. Қарор дар бораи пешниҳод кардани дастрасӣ ба маълумоти мушаххаси дорои сирри давлатӣ аз тарафи роҳбарони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳое қабул карда мешавад, ки дар онҳо ин корҳо анҷом дода мешаванд ё ҳомилҳои маълумоти ба онҳо вобастабуда нигоҳ дошта мешаванд.
5. Рад кардани ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани дастрасӣ ба маълумоти мушаххаси дорои сирри давлатӣ танҳо дар ҳолати набудани асосҳои дар қисми 3 ҳамин модда пешбинишуда имконпазир аст ва аз рӯи он ба шахси мансабдори болоӣ шикоят кардан мумкин аст. Дар сурати қонеъ нагардонидани шикоят, шаҳрванд ҳуқуқ дорад оид ба амалҳои зиддиҳуқуқии шахсони мансабдор ба суд шикоят намояд. 
6. Дар ҳолати бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дастрасии шахсони мансабдор ё шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти дорои сирри давлатӣ қатъ карда мешавад.
 
Моддаи 36. Ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ дар ҳолати тағйир ёфтани шакли моликият ва функсияҳои субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ
 
Мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳое, ки маълумоти дорои сирри давлатиро доранд, дар ҳолатҳои тағйир ёфтани функсияҳои онҳо, шакли моликият, барҳамдиҳӣ ё қатъ намудани корҳо бо истифодаи маълумоти дорои сирри давлатӣ, ӯҳдадоранд оид ба таъмини ҳифзи ин маълумот ва ҳомилҳои онҳо чораҳо андешанд. Дар ин ҳолат, ҳомилҳои маълумоти дорои сирри давлатӣ нобуд карда ва (ё) ба бойгонии давлатӣ барои нигоҳдорӣ супорида мешаванд ё бо тартиби муқарраргардида дода мешаванд:
- ба вориси ҳуқуқии мақоми давлатӣ ё ташкилоти нигоҳдорандаи маълумоти дорои сирри давлатӣ, агар ин вориси ҳуқуқӣ ваколати гузаронидани корҳо бо истифодаи маълумоти зикргардидаро дошта бошад; 
- ба мақоми давлатие, ки дар ихтиёрдории он мутобиқи моддаи 19 Қонуни мазкур маълумоти дахлдор мавҷуданд;
- ба мақоми дигари давлатӣ ё ташкилот бо қарори мақоми ваколатдори давлатӣ.
 
Моддаи 37. Рухсати шахсони мансабдор, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба сирри давлатӣ
 
1. Рухсати шахсони мансабдор, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба сирри давлатӣ ихтиёрӣ буда, инҳоро пешбинӣ менамояд: (ҚҶТ аз 02.01.20 с., №1664)
- ба зиммаи худ гирифтани ӯҳдадории хаттӣ дар назди давлат оид ба ифшо накардани маълумоти дорои сирри давлатии ба онҳо боваркардашуда; 
- розигӣ ба муваққатан маҳдуд намудани ҳуқуқҳои онҳо мутобиқи моддаи 45 Қонуни мазкур; 
- розигии хаттӣ дар бораи аз тарафи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати онҳо гузаронидани санҷиши махсус; 
- шинос шудан бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сирри давлатӣ, ки барои вайрон кардани он ҷавобгарӣ пешбинӣ намудааст;
- аз тарафи роҳбари мақоми давлатӣ ё ташкилот қабул намудани қарор оид ба рухсати шахси барасмиятдаровардашаванда ба маълумоти дорои сирри давлатӣ.
2. Ҳаҷми чорабиниҳои санҷишӣ аз дараҷаи махфияти маълумоте, ки ба онҳо шахси барасмиятдаровардашаванда рухсат дода мешавад, вобастагӣ дорад. 
3. Ӯҳдадориҳои тарафайни маъмурият ва шахси барасмият­даровардашаванда дар шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ зикр карда мешаванд. Бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ то ба охир расидани чорабиниҳои санҷишии мақомоти салоҳиятдор мумкин нест. 
4. Ба шахсони мансабдор ва шаҳрвандон се шакли рухсат ба сирри давлатӣ, ки ба се дараҷаи махфияти маълумоти дорои сирри давлатӣ, яъне «фавқулодда муҳим», «комилан махфӣ» ва «махфӣ» мувофиқ мебошанд, муқаррар карда мешаванд. Рухсат доштани шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ба маълумоти дараҷаи нисбатан баланди махфият, барои дастрасӣ ба маълумоти дараҷаи нисбатан пасттари махфият асос мебошад.
5. Мӯҳлатҳо, ҳолатҳо ва тартиби барасмиятдарорӣ ё аз нав барасмиятдарории рухсати шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ба сирри давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
6. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба сирри давлатӣ танҳо дар доираи амалӣ гардидани шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсат дода мешаванд.
 
Моддаи 38. Тартиби махсуси рухсат ба сирри давлатӣ 
 
1. Дар давраи иҷрои ваколатҳо ва ӯҳдадориҳои мансабии худ ба маълумоти «фавқулодда муҳим», «комилан махфӣ» ва «махфӣ» бе гузаронидани чорабиниҳои санҷишии пешбининамудаи моддаи 37 Қонуни мазкур ва бидуни мувофиқа бо мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инҳо рухсат дода мешавад: 
- аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Сарвазир, муовини якум ва муовинони ӯ, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ; 
- раис, муовини якум, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ӯ;
- раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ӯ;
- раис, муовини ӯ ва аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- шахсони мансабдоре, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидаанд;
- шахсони мансабдоре, ки аз ҷониби Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб ва таъин карда мешаванд;
- шахсони мансабдоре, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидаанд;
- президент, ноибони президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- адвокатҳое, ки ба сифати ҳимоятгар дар тафтишоти пешакӣ ва мурофиаи судӣ оид ба парвандаҳои марбут ба маълумоти дорои сирри давлатӣ иштирок менамоянд.
2. Шахсони дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида дар бораи ифшо накардани сирри давлатӣ, ки ба онҳо ҳангоми иҷрои ваколатҳо ва ӯҳдадориҳои мансабиашон маълум мегардад ва дар бораи тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо дар ҳолати ифшои онҳо, огоҳонида мешаванд ва дар ин бора аз онҳо забонхати дахлдор гирифта мешавад.
 
Моддаи 39. Асосҳо барои ба шахси мансабдор ё шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон надодани рухсат ба сирри давлатӣ
 
1. Асосҳо барои ба шахси мансабдор ё шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон надодани рухсат ба сирри давлатӣ инҳо буда метавонанд:
- набудани зарурати асоснок барои гузаронидани корҳо бо истифодаи маълумоти дорои сирри давлатӣ;
- дар рафти чорабиниҳои санҷишӣ вобаста ба рухсати шахс ба сирри давлатӣ ошкор гардидани ҳодисаҳои мусоидати ӯ ба фаъолияти зиддиҳуқуқии мақомоти давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ ё иштироки вай дар иттиҳодияҳои шаҳрвандон, ки фаъолияташон хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва ё бо тартиби судӣ манъ карда шудааст ё ӯҳдадориҳояшро оид ба маҳфуз доштани сирри давлатӣ, ки қаблан ба ӯ бовар карда шуда буд, иҷро накардааст;  
- аз тарафи ӯ ба зимма нагирифтани ӯҳдадорӣ оид ба маҳфуз доштани сирри давлатӣ, ки ба вай бовар карда мешавад ва ё розӣ нашудани ӯ бо маҳдуд намудани ҳуқуқҳояш вобаста ба рухсат ба сирри давлатӣ; 
- аз тарафи суд ғайри қобили амал, дорои қобилияти маҳдуди амал эътироф гардидани ӯ, доштани доғи судӣ барои содир намудани ҷинояти қасдона, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам нахӯрдааст ё бардошта нашудааст; 
- манъи тиббӣ доштани ӯ барои кор бо истифодаи маълумоти дорои сирри давлатӣ тибқи номгӯйи тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;
- истиқомати доимии ӯ дар хориҷа ё барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо аз ҷониби ӯ барои ба дигар давлат барои истиқомати доимӣ рафтан; 
- дар натиҷаи чорабиниҳои санҷишӣ ошкор гардидани амалҳои шахси ба сирри давлатӣ рухсатгиранда, ки ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид мекунанд; 
- саркашӣ намудан аз чорабиниҳои санҷишӣ ва (ё) аз ҷониби ӯ пешниҳод шудани маълумоти баръало бардурӯғ дар бораи худ ва хешовандони наздикаш.
2. Қарор дар бораи ба шахси мансабдор ё шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон надодани рухсат ба сирри давлатӣ аз ҷониби роҳбари мақоми давлатӣ ё ташкилот бо тартиби инфиродӣ бо дарназардошти натиҷаҳои санҷиши махсус қабул карда мешавад. 
3. Шахси мансабдор ё шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд аз рӯи қарор дар бораи рухсат надодани онҳо ба сирри давлатӣ ба мақоми давлатӣ ва ташкилоти болоӣ ё суд шикоят намоянд.
4. Хориҷ карда шуд. (ҚҶТ аз 02.01.20 с., №1664 )
 
Моддаи 40. Ӯҳдадориҳои шаҳрванд барои нигоҳ доштани сирри давлатӣ
 
Шаҳрванде, ки ба сирри давлатӣ рухсат дода шудааст, ӯҳдадор аст:
- сирри давлатиро, ки ба ӯ бовар карда мешавад ё вобаста ба иҷрои ӯҳдадориҳои хизматӣ аз он хабардор мегардад, ба ҳеҷ ваҷҳ набояд ифшо намояд;
- дар иттиҳодияҳои шаҳрвандон, ки фаъолияташон хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ё бо тартиби судӣ манъ карда шудааст, иштирок накунад; 
- дар фаъолияти зиддиҳуқуқии мақомоти давлатии хориҷӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ иштирок накунад;
- талаботи низоми махфиятро, ки мувофиқи моддаи 34 Қонуни мазкур муқаррар шудаанд, иҷро намояд;
- ба шахси мансабдоре, ки рухсат ба сирри давлатиро ба ӯ додааст, аз ҳолатҳое, ки ба нигоҳ доштани сирри давлатии ба ӯ боваркардашуда монеъ мегарданд, хабар диҳад.
 
Моддаи 41. Шартҳои қатъ кардани рухсати шахси мансабдор ё шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сирри давлатӣ 
 
1. Рухсат ба сирри давлатии қаблан ба шахси мансабдор ё шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон додашуда бо қарори роҳбари мақоми давлатӣ ё ташкилот дар ҳолатҳои зерин қатъ карда мешавад:
- вайрон кардани ӯҳдадориҳои ба зиммагирифтаи ӯ вобаста ба ҳифзи сирри давлатӣ, ки дар шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ пешбинӣ шудаанд;
- ба миён омадани ҳолатҳое, ки мувофиқи моддаи 39 Қонуни мазкур барои надодани рухсат ба шахси мансабдор ё шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сирри давлатӣ асос мебошанд. 
2. Қатъ намудани рухсати шахси мансабдор ё шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сирри давлатӣ барои бекор намудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси иловагӣ мебошад.
3. Қатъ кардани рухсат ба сирри давлатӣ шахси мансабдор ё шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз иҷрои ӯҳдадориҳои ба зиммагирифтааш дар бораи ифшо накардани маълумоти дорои сирри давлатӣ озод намекунад. 
4. Нисбат ба қарори роҳбари мақоми давлатӣ ё ташкилот дар бораи қатъ кардани рухсати шахси мансабдор ё шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сирри давлатӣ ва дар ин асос бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ба мақоми давлатӣ ва ташкилоти болоӣ ё суд шикоят кардан мумкин аст. 
 
Моддаи 42. Маҳдудияти интишори маълумоти дорои сирри давлатӣ дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма 
 
1. Мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шаҳрвандон ҳангоми тайёр кардани мавод барои интишор кардан, паҳн намудан дар матбуот ва (ё) дигар воситаҳои ахбори омма ё аз сарҳад гузаронидани онҳо бо мақсади ҳифз намудани маълумоти дорои сирри давлатӣ, ӯҳдадоранд Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ гиранд.
2. Назоратбарии риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи сирри давлатӣ ҳангоми интишор кардан, паҳн намудани мавод дар матбуот ва (ё) дигар воситаҳои ахбори омма, ҳамчунин ҳангоми ба хориҷа бурдани мавод аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ таъмин карда мешавад.
 
Моддаи 43. Чораҳои техникии ҳифзи сирри давлатӣ
 
1. Мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳое, ки фаъолияташон бо сирри давлатӣ алоқаманд аст, ӯҳдадоранд бо мақсади ҳифзи техникии маълумот воситаҳои муҳофизатшудаи коркард, додан, нигоҳдории маълумот ва таҷҳизоти техникии ҳифзи онро, ки мутобиқати ин воситаҳою таҷҳизот ба меъёрҳои ҳифзи техникӣ сертификатсия шудаанд, истифода баранд. 
2. Мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо ҳуқуқ доранд танҳо дар сурати мавҷуд будани иҷозатномаи (литсензияи) дахлдори мақоми ваколатдори давлатӣ фаъолияти вобаста бо истеҳсол ва хизматрасонии системаю воситаҳо, иҷрои корҳо, хизматрасониро, ки ҳифзи техникии сирри давлатиро таъмин мекунанд, амалӣ намоянд.
 
Моддаи 44. Чораҳои оперативии ҳифзи сирри давлатӣ
 
Чораҳои оперативии ҳифзи сирри давлатӣ дар рафти корҳои разведкавӣ, зиддиразведкавӣ ва оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дигари давлатӣ, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ҳуқуқи амалисозии чунин фаъолият мебошанд, амалӣ мегарданд. 
 
Моддаи 45. Маҳдуд намудани ҳуқуқҳои шахси мансабдор ё шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба сирри давлатӣ рухсат дода шудаанд ё пештар рухсат дода  шуда буданд 
 
1. Ҳуқуқҳои шахси мансабдор ё шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба сирри давлатӣ рухсат дода шудаанд ё пештар рухсат дода шуда буданд, мумкин аст муваққатан маҳдуд карда шаванд. 
2. Маҳдудкуниҳо ба ҳуқуқҳои зерин дахл дошта метавонанд:
- ҳуқуқи барои истиқомати доимӣ ба давлати дигар рафтан то ғайримахфигардонии маълумоти дахлдор, вале на зиёда аз 5 сол аз вақти қатъ намудани рухсат ба сирри давлатӣ; 
- ҳуқуқи баромадан аз ҳудуди давлат ба мӯҳлати пешбининамудаи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ҳангоми ба расмият даровардани рухсат ба сирри давлатӣ;
- ҳуқуқ ба истифодаи кашфиёт ва ихтироъҳои дорои маълумоти сирри давлатӣ ва ба  паҳн намудани чунин маълумот;
- ҳуқуқ ба дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои санҷишӣ дар давраи ба расмият даровардани рухсат ба сирри давлатӣ.
3. Баромадан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла барои истиқомати доимӣ ба давлатҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо онҳо созишнома оид ба ҳифзи мутақобилаи сирри давлатӣ ё дигар созишномаҳои байналмилалӣ дорад, ки чунин баромада рафтанро пешбинӣ менамоянд, маҳдуд карда намешавад.
 
Моддаи 46. Рухсатнома барои гузаронидани корҳо бо истифодаи маълумоти дорои сирри давлатӣ
 
1. Мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо корҳоро бо истифодаи маълумоти дорои сирри давлатӣ дар асоси рухсатномае, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дода шудааст, мегузаронанд.
2. Рухсатнома дар асоси натиҷаҳои экспертизаи махсуси ташкилотҳо ва аттестатсияи роҳбарони онҳо, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд, дода мешавад.
 
Моддаи 47. Сертификатсияи воситаҳои ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ
 
1. Воситаҳои ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ бояд сертификати тасдиқкунандаи мутобиқати онҳоро ба талабот оид ба ҳифзи маълумоти дараҷаи дахлдори махфият, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад, дошта бошанд.
2. Ташкили сертификатсияи воситаҳои ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ ба зиммаи мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои онҳо, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, вогузор мешавад. 
3. Ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба ташкили сертификатсияи  воситаҳои ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ ба зиммаи мақоми ваколатдори давлатӣ гузошта мешавад.
 
БОБИ 8.
МАБЛАҒГУЗОРИИ ЧОРАБИНИҲО ОИД БА ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ
 
Моддаи 48. Маблағгузории чорабиниҳо оид ба ҳифзи сирри давлатӣ 
 
1. Маблағгузории чорабиниҳо оид ба ҳифзи сирри давлатӣ, инчунин маблағгузории фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои буҷетӣ, воҳидҳои сохтории онҳо оид ба ҳифзи сирри давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, дигар ташкилотҳо бошад, аз ҳисоби маблағҳое, ки аз фаъолияти асосии онҳо ҳангоми иҷрои корҳои бо истифодаи маълумоти дорои сирри давлатӣ алоқаманд ба даст меоянд, сурат мегирад.
2. Назоратбарии хароҷоти воситаҳои молиявӣ барои гузаронидани чорабиниҳо оид ба ҳифзи сирри давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
 
Моддаи 49. Ҷубронпулӣ ба шаҳрвандоне, ки корашон бо сирри давлатӣ алоқаманд аст
 
Дар ҳолатҳое, ки шаҳрванд тибқи шароитҳои фаъолияти касбии худ бояд доимо бо маълумоти дорои сирри давлатӣ сарукор дошта бошад, ба ӯ барои дар шароити маҳдудиятҳои низомӣ кор карданаш бояд ҷубронпулии дахлдор дода шавад, ки намуд, андоза ва тартиби додани онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
 
БОБИ 9.
НАЗОРАТБАРӢ ВА НАЗОРАТИ ТАЪМИНИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ
 
Моддаи 50. Назоратбарии таъмини ҳифзи сирри давлатӣ
 
1. Ташкилотҳои фармоишгар ҳуқуқи назоратбарии ҳолати ҳифзи сирри давлатиро, ки вобаста ба иҷрои фармоишҳо ба пудратчиҳо вогузор шудаанд, доранд. 
2. Роҳбарони ташкилотҳо ӯҳдадоранд, ки назоратбарии доимии таъмини ҳифзи сирри давлатиро амалӣ намоянд.
3. Мақомоти давлатие, ки ба онҳо ҳуқуқи ҳалли масъала оид ба пешниҳод кардани дастрасӣ ба маълумоти мушаххаси дорои сирри давлатӣ дода шудааст, ӯҳдадоранд ҳолати ҳифзи сирри давлатиро дар ташкилотҳое, ки корҳо бо истифодаи маълумоти дорои сирри давлатӣ ё нигоҳдории ҳомилҳои чунин маълумотро амалӣ менамоянд, назоратбарӣ намоянд. 
4. Мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд ҳолати ҳифзи сирри давлатиро дар ҳамаи мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо таҳти назоратбарӣ қарор диҳанд. Хулосаҳои мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар санадҳои санҷишҳои расмӣ аз рӯи натиҷаҳои назоратбарии ҳолати ҳифзи сирри давлатӣ баён гардидаанд, барои шахсони мансабдор ҷиҳати иҷро ҳатмӣ мебошанд. 
 
Моддаи 51. Назоратбарии ҳуҷҷатгузорӣ оид ба маълумоти дорои сирри давлатӣ 
 
Назоратбарии дуруст додан ва тағйири мӯҳри махфият, мӯҳлати махфигардонии маълумоти дорои сирри давлатӣ, нигоҳдорӣ ва кор бо ҳуҷҷатҳои махфӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
 
Моддаи 52. Назорати риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сирри давлатӣ
 
1. Назорати риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сирри давлатиро Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокуророни тобеи он ва прокуророни аз тарафи ӯ ваколатдоршуда амалӣ менамоянд.
2. Барои шахсоне, ки назорати прокурориро амалӣ менамоянд, дастрасӣ ба маълумоти дорои сирри давлатӣ мутобиқи Қонуни мазкур амалӣ карда мешавад.
 
БОБИ 10.
МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
 
Моддаи 53. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ 
 
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ дар доираи шартномаҳои басташуда, ки бо таҳия ва татбиқи чорабиниҳои манфиатноки мутақобила оид ба ҳифзи сирри давлатӣ, рушд ва нигаҳдории робитаҳои байниҳамдигарии муфид алоқаманданд, иштирок менамояд. 
 
Модаи 54. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани муқаррароти Қонуни мазкур
 
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани муқаррароти Қонуни мазкур мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. 
 
Моддаи 55. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  «Номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ»
 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2003 «Дар бораи сирри давлатӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №4, мод. 134; с. 2007, №7, мод. 655; с. 2011, №3, мод. 157) ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002 «Дар бораи Номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №4, қ. 2, мод. 326; с. 2003, №12, мод. 694; с. 2007, №7, мод. 656; с. 2011, №3, мод. 158; №7-8, мод. 607) аз эътибор соқит дониста шаванд.
 
Моддаи 56. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
 
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                      Эмомалӣ Рањмон 
 
ш. Душанбе, 26 июли соли 2014,
№ 1095
 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУОМИЛОТ БО ПАРТОВҲОИ РАДИОАКТИВӢ

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Ҷум, 18/09/2020 - 16:26
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1002
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
22.07.2013
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
ДАР БОРАИ МУОМИЛОТ БО ПАРТОВҲОИ РАДИОАКТИВӢ
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №7, мод. 530; Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 с., №1430)
 
Қонуни мазкур муносибатҳои вобаста ба фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ алоқаманд мебошанд, ба танзим дароварда, барои таъмини ҳифзи аҳолӣ ва муҳити зист аз таъсири зараровари партовҳои радиоактивӣ равона гардидааст.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- партовҳои радиоактивӣ – ҳама гуна ҳолати физикии масолеҳ ё моддаҳои дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ ҳосилшуда, ки дар таркиби худ радионуклидҳо доранд ё бо онҳо олуда шуда, аз меъёрҳои муқарраргардидаи бехатарии радиатсионӣ зиёд мебошанд ва қобили истифодаи минбаъда буда наметавонанд;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
- партовҳои радиоактивии дарозумр - партовҳои радиоактивӣ, ки сатҳи озодшавии онҳо аз назорати мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ пас аз 300 сол ва беш аз он  фаро мерасад;
- партовҳои радиоактивии кӯтоҳумр - партовҳои радиоактивӣ, ки сатҳи озодшавии онҳо аз назорати мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ дар муддати камтар аз 300 сол фаро мерасад;
- истеҳсолкунандагони партовҳои радиоактивӣ - шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки дар натиҷаи фаъолияти онҳо партовҳои радиоактивӣ ҳосил мешаванд;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
- муомилот бо партовҳои радиоактивӣ - ҳамаи намудҳои фаъолият (аз ҷумла, бо фаъолияти аз истифодабарорӣ, инчунин солимгардонии минтақаи бо партовҳои радиоактивӣ ифлосгашта вобастабуда), ки ба амалиёт, коркарди пешакӣ, коркард, мутобиқгардонӣ, интиқол, нигоҳдорӣ ё гӯронидани партовҳои радиоактивӣ дахл доранд;
- Кадастри давлатии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ - маҷмӯи мураттабшудаи маълумот оид ба объектҳо барои нигоҳдорӣ ё гӯронидани партовҳои радиоактивӣ;
- Феҳристи давлатии партовҳои радиоактивӣ - сабти ҷории мунтазами ҳуҷҷатҳои шакли махсус оид ба ҳосилшавӣ, таркиби физикию кимиёвӣ, ҳаҷм, хусусият, инчунин интиқол, нигоҳдорӣ ва гӯронидани партовҳои радиоактивӣ;
- мутобиқгардонии партовҳои радиоактивӣ - амалиёт вобаста ба омодакунии партовҳои радиоактивӣ барои интиқол, нигоҳдорӣ ва гӯронидан бо роҳи ҷойгиркунии партовҳои радиоактивӣ дар контейнерҳо ё иммобилизатсияи (ҳолати руйпӯшшудаи мустаҳками беҳаракати) онҳо;
- объекти барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинишуда - иншоот, бино ё таҷҳизоте, ки барои ҷамъкунӣ, интиқол, коркард, нигоҳдорӣ ё гӯронидани партовҳои радиоактивӣ пешбинӣ шудааст, инчунин дастгоҳи ядроӣ дар раванди аз истифода баровардан пас аз эътирофи он ҳамчун таҷҳизот барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ;
- коркарди партовҳои радиоактивӣ - амалиёти пешбинигардида оид ба таъмини бехатарӣ ё сарфаи маблағ бо роҳи иваз намудани хусусиятҳои партовҳои радиоактивӣ;
- коркарди пешакии партовҳои радиоактивӣ - ғайрифаъолгардонӣ (дезактиватсия), ҷамъкунӣ ва ба навъҳо ҷудо кардани партовҳои радиоактивӣ;
- аз нав коркард намудани партовҳои радиоактивӣ -намуди амалиёт, ки хусусиятҳои партовҳои радиоактивиро тағйир медиҳад, аз ҷумла, коркарди пешакӣ, мутобиқгардонӣ, инчунин коркарди такрорӣ бо мақсади ташкили истеҳсолот аз партовҳо;
- корхонаи махсусгардонидашудаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ - ташкилоте, ки дар асоси иҷозатнома ҷамъкунии партовҳои радиоактивӣ, коркард, интиқол, нигоҳдорӣ ва (ё) гӯронидани онҳоро амалӣ менамояд;
- маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ - иншоот барои нигоҳдорӣ ё гӯронидани партовҳои радиоактивӣ бо таъмини ҳатмии монеаҳои муҳандисӣ, геологӣ, ҷисмонӣ ва дигар монеаҳо, ки ба паҳншавии радионуклидҳо роҳ намедиҳад;
- муҳофизати ҷисмонӣ ҳангоми муомилот бо партовҳои радиоактивӣ - маҷмӯи чорабиниҳои ташкилию техникии пешгирикунандаи дастрасӣ ва истифодаи бе рухсати партовҳои радиоактивӣ ва истифода бурдани онҳо, муайянкунии саривақтӣ ва манъи амалиёт, ки ба вайроншавии дахлнопазирии партовҳои радиоактивӣ равона карда шудаанд;
- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ - мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ки сиёсати давлатиро оид ба идоракунӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ амалӣ менамояд;
- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ - мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ки сиёсати давлатиро оид ба танзими соҳаи бехатарии радиатсионӣ амалӣ менамояд;- соҳиби объект - соҳиби партовҳои радиоактивӣ ё маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ;
- соҳиби партовҳои радиоактивӣ - шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии дорои партовҳои радиоактивӣ, ки онҳо дар объекти ҳосилшудаашон ё объекти барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинигардида ҷойгиранд ва дорои иҷозатнома барои фаъолияти муомилот бо партовҳои радиоактивӣ мебошанд;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
- соҳиби маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ - шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки дорои маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ буда, барои фаъолияти муомилот бо партовҳои радиоактивӣ иҷозатнома доранд;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
- арзёбии бехатарӣ - ҳуҷҷате, ки таҳлили ҷараёни рушди ҳолатҳои фавқулодаи имконпазир, оқибатҳои онҳо ва муқоисаи натиҷаҳо бо меъёрҳои бехатариро дар бар мегирад ва онро метавонад соҳиби объект ва ё шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии салоҳиятдор оид ба гузарондани арзёбии бехатарӣ, ки ба онҳо фармоишгар ҳуқуқи гузаронидани корҳои баҳодиҳиро додааст, тартиб диҳад;
(ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
- асосноккунии техникию иқтисодии зарурати сохтмони объекти барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинигардида ё солимгардонии минтақаи бо партовҳои радиоактивӣ ифлосгашта
- ҳуҷҷате, ки дар он маълумот ҷиҳати ба мақсад мувофиқ будани сохтани объекти барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинигардида, маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ ё солимгардонии минтақаи бо партовҳои радиоактивӣ ифлосгашта, бо таҳлили хароҷот ва натиҷаҳои бадаст меомада пешниҳод карда шудааст ва онро метавонанд шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии салоҳиятдор оид ба гузаронидани асосноккунии техникию иқтисодӣ, ки ба онҳо фармоишгар ҳуқуқи гузаронидани ин корҳоро додааст, тартиб диҳанд;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
- хулосаи баҳодиҳии таъсири объекти барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинигардида, маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ ё солимгардонии минтақаи бо партовҳои радиоактивӣ ифлосгашта ба аҳолӣ ва муҳити зист - ҳуҷҷате, ки дар он хусусият, шиддатнокӣ ва дараҷаи хатарҳои таъсиррасонандаи объекти барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинигардида,  маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ ё солимгардонии минтақаи бо партовҳои радиоактивӣ ифлосгашта ба саломатии аҳолӣ ва ҳолати муҳити зист натиҷагирӣ карда шудааст ва  онро метавонанд шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии салоҳиятдор оид ба гузаронидани баҳодиҳии таъсир ба аҳолӣ ва муҳити зист, ки ба онҳо фармоишгар ҳуқуқи гузаронидани корҳои баҳодиҳиро додааст, тартиб диҳанд;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
- солимгардонии минтақаи бо партовҳои радиоактивӣ ифлосгашта - маҷмӯи чорабиниҳои муҳофизативу техникӣ бо мақсади паст кардани шуоъхӯрии радиатсионӣ, ки минтақаи бо партовҳои радиоактивӣ ифлосгаштаро ба ҳолати пештараи табии имконпазир ё наздик ба он, ё ба ҳолати барои истифодаи минбаъда кофӣ оварда мерасонад;
- мониторинги радиатсионии ҳолати маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ – мушоҳидаи мунтазами маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ бо мақсади муайян кардани тағйироти баамаломада ва саривақт бартараф намудани оқибатҳои таъсири манфии он;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
- консерватсияи маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ - маҷмӯи чорабиниҳои муҳофизативу техникӣ вобаста бо муваққатан қатъ намудани корҳо оид ба нигоҳдории партовҳои радиоактивӣ дар маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ, ки овардани маҳфузгоҳро ба ҳолати қобили барои барқарор намудани истифодабарии он имконият медиҳад, инчунин бехатарии радиатсионии аҳолӣ ва муҳити зистро таъмин менамояд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
Моддаи 3. Принсипҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ
Принсипҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ инҳо мебошанд:
- афзалияти муҳофизати ҳаёт ва саломатии кормандон, аҳолӣ ва муҳити зист аз таъсири партовҳои радиоактивӣ тибқи меъёрҳои муқарраргардидаи бехатарии радиатсионӣ;
- ҳифзи насли ҳозираю оянда ва муҳити зист аз хатарҳои радиатсионӣ;
- тақсимоти вазифаҳои назорат ва идоракунии давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ;
- татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ бо роҳи таҳия ва иҷрои барномаҳои давлатии дарозмӯҳлат оид ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ;
- таъмини сатҳи камтарини ҳосилшавии партовҳои радиоактивӣ;
- роҳ надодан ба ҷамъшавии ғайриназоратии партовҳои радиоактивӣ;
- таъмини назорати давлатии муомилот бо партовҳои радиоактивӣ;
- кафолати боэътимоди ҷудо нигоҳ доштани партовҳои радиоактивӣ аз муҳити зисти табиӣ ҳангоми асосноккунии бехатарии маҳфузгоҳҳои  партовҳои радиоактивӣ;
- дар мӯҳлати маҳдуд нигоҳдории партовҳои радиоактивӣ дар ихтиёри истеҳсолкунандагони партовҳо бо супоридани минбаъдаи онҳо ба корхонаҳои махсусгардонидашудаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ вобаста ба фаъолияти ҳозира ва ояндаи имконпазир;
- асосноккунӣ ва муносиб гардонидани чораҳои муҳофизатӣ оид ба кам намудани хатарҳои радиатсионии мавҷудбуда ё танзимнашаванда;
- манъ намудани гузаронидани корҳо оид ба гӯронидани партовҳои радиоактивӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки маводи радиоактивию дастгоҳи ядроиро таҳвил ва истифода мебаранд ё дар натиҷаи фаъолияти онҳо партовҳои радиоактивӣ ҳосил мешаванд;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
- таъмин ва дастгирии бехатарии  низоми самарабахши идоракунӣ;
- ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ;
- фаъолияти илмию таҳқиқотӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ.
 
Моддаи 4. Маблағгузорӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ
1. Маблағгузорӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ аз фонди махсуси давлатӣ ва аз ҳисоби ҷалби дигар сарчашмаҳои манънакардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
2. Тартиби ташкили фонди махсус, ҳаҷми маблағгузорӣ ва тартиби истифодабарии маблағҳои ин фонд аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
3. Хароҷоти гӯронидани партовҳои радиоактивие, ки дар натиҷаи ба охир расидани мӯҳлати истифодабарии манбаъҳои афканишоти ионофар ҳосил шудаанд, аз тарафи соҳибони онҳо  ва ё сарпарастон пардохт карда мешавад.
 
БОБИ 2.  ТАНЗИМИ ДАВЛАТӢ  ДАР СОҲАИ МУОМИЛОТ БО ПАРТОВҲОИ РАДИОАКТИВӢ
Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ
Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ аз инҳо иборат мебошад:
 - муайян намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ;
- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ;
- таъсиси корхонаи махсусгардонидашудаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ;
- таҳия ва тасдиқи тартиби ташкил ва истифодаи маблағҳои фонди махсуси муомилот бо партовҳои радиоактивӣ;
- муқаррар намудани тартиби амали мутақобила ва маҳдудгардонии вазифаҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳангоми ҳифзи саломатии аҳолӣ аз таъсири партовҳои радиоактивӣ, таъмини бехатарии радиатсионӣ вобаста ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ ва роҳ надодан ба ифлосшавии радиоактивии муҳити зист ва назорат аз болои маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ;
- қабул намудани қарор оид ба ҷойгиркунӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон, баистифодадиҳӣ ва  азистифодабарории объектҳое, ки барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинӣ гардидаанд,  инчунин рӯйпӯш намудани маҳфузгоҳҳо барои гӯронидан;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
- муайян намудани тартиби  интиқоли  партовҳои радиоактивӣ тавассути сарҳади давлатӣ ба хориҷа ва ба дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон; 
- тасдиқ намудани Феҳристи давлатии партовҳои радиоактивӣ;
- тасдиқ намудани Кадастри давлатии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ;
- қабул намудани қарор оид ба додани қитъаи замин барои сохтмони маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
 - вобаста ба ҳолати мушаххас муайян намудани намуд, ҳаҷм ва тартиби ҷуброн кардани ҳисороти расонидаи маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ ва объектҳои барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинигардида ба шаҳрвандоне, ки дар минтақаи ҷойгиршавии ин маҳфузгоҳҳо ва объектҳо зиндагӣ ва фаъолият мекунанд;
- муайян намудани тартиби ҷорӣ намудан ва андозаи имтиёзҳо ба кормандоне, ки бо партовҳои радиоактивӣ кор мекунанд; (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
- амалӣ намудани салоҳияти дигаре, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
Моддаи 6. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ
Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ дохил мешаванд:
- таҳия ва татбиқи барномаи давлатӣ оид ба  муомилот бо партовҳои радиоактивӣ;
- ҳамоҳангсозии корҳо оид ба ҷамъоварӣ, коркард, интиқол, нигоҳдорӣ ва гӯронидани партовҳои радиоактивии саноатӣ, тиббӣ, ташкилотҳои илмию таҳқиқотӣ ва партовҳои радиоактивие, ки дар вақти гузаронидани ин корҳо ба вуҷуд меоянд;
- ташкил намудани фаъолияти корхонаҳои махсусгардонидашудаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ;
- ҳамоҳангсозии корҳо доир ба сохтмон, баистифодадиҳӣ, азнавсозӣ, азистифодабарории объектҳои барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинигардида ва рӯйпӯш намудани маҳфузгоҳҳо барои гӯронидан;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
- ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ;
- ташкил намудани фаъолият оид ба муайянкунӣ, ташкил ва дастгирии фаъолияти бефосилаи системаи ҳимояи ҷисмонии партовҳои радиоактивӣ, инчунин таъмин намудани назорат дар вақти ҷамъоварӣ, коркард, интиқол, маҳфуздорӣ ва гӯронидани онҳо;
- муқаррар намудани низоми ҳуқуқии минтақаи гирду атрофи корхонаҳо оид ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ ва маҳфузгоҳҳо барои гӯронидани онҳо ва вазъи шаҳрвандоне, ки дар он ҷо зиндагӣ мекунанд;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
- бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мувофиқа намудани ҷойгиркунӣ, лоиҳакашӣ, сохтмони маҳфузгоҳҳо барои гӯронидани партовҳои радиоактивии дарозумр ва кӯтоҳумр;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
- ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
- амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
Моддаи 7. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти  худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ дар доираи ваколатҳои худ:
- масъалаи дар ҳудуди худ ҷойгир намудани объектҳои барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинишударо бо дарназардошти манфиатҳои шаҳрвандони дар ин маҳал истиқоматкунанда ва рушди иҷтимоию иқтисодии минтақа, бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа менамоянд; 
- дар гузаронидани ташхиси экологии лоиҳаҳои ҷойгиркунӣ, сохтмон ва аз истифода баровардани объектҳое, ки барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ  пешбинӣ шудаанд ва рӯйпӯш намудани маҳфузгоҳҳо барои гӯронидани партовҳои радиоактивӣ, ки дар минтақаи онҳо ҷойгир шудаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
- оид ба масъалаҳои ҳимояи лоиҳаҳо вобаста ба ҷойгиркунии сохтмон, аз истифодабарории объекти ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинигардида ва рӯйпӯш намудани маҳфузгоҳҳоро барои гӯронидан вохӯриҳои ҷамъиятӣ ташкил менамояд;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
- дар мавриди зарурӣ аз соҳибони объектҳое, ки барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинӣ гардидаанд, гузаронидани муоинаи радиологӣ дар атрофи минтақаи ҷойгиршавии ин объектҳо ва натиҷаи онҳоро талаб менамояд;
- таъмин намудани бехатарии аҳолӣ ва муҳофизати муҳити зист дар минтақаҳои худ ва аз омодагии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ҳангоми амалиёт дар ҳолати садамаҳои радиатсионӣ  назорат мебаранд;
- дар бартараф намудани оқибатҳои садамаи радиатсионӣ иштирок менамоянд;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
- омодагиро ба тахлияи (эвакуатсияи) аҳолӣ ва амалӣ намудани онро дар ҳолатҳои зарурӣ таъмин менамоянд;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
- амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
Моддаи 8. Танзими давлатии бехатарӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ
1. Танзими давлатии бехатарӣ дар соҳаи  муомилот бо партовҳои радиоактивиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ амалӣ менамояд.
2. Ба танзими давлатии бехатарӣ дар соҳаи  муомилот бо партовҳои радиоактивӣ чунин намудҳои фаъолият дохил  мешаванд:
- бақайдгирии давлатии партовҳои радиоактивӣ, ҷойҳои гӯронидани онҳо, инчунин ҷойҳои маҳфуздории муваққатии онҳо;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
- корҳои лоиҳавию ҷустуҷӯӣ оид ба интихоби қитъаи замин барои ҷойгиркунии объектҳои барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинигардида;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
- лоиҳакашии объектҳо ва воситаҳои нақлиёте, ки барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинӣ гардидаанд, озмоиш, тайёр намудан ё сохтмони онҳо;
- ба истифода додан, ба кор даровардан, аз истифода баровардани объектҳои барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинигардида ва маҳфузгоҳҳо барои гӯронидан ва гузаронидани корҳои батартибандозӣ оид ба таъмини бехатарӣ дар маҳфузгоҳҳо барои гӯронидан пас аз баста шудани онҳо ва инчунин солимгардонии минтақаи бо партовҳои радиоактивӣ ифлосгашта;
- ҳосилшавӣ ва муомилот бо партовҳои радиоактивӣ, аз ҷумла интиқол ва гӯронидани онҳо.
3. Номгӯи мақомот ва муассисаҳои давлатиро, ки дар танзими муносибатҳои вобаста ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ иштирок  мекунанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
4. Таҳия ва тасдиқи меъёрҳо, қоидаҳо ва стандартҳо вобаста ба муомилот бо партовҳои радиоактивиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ амалӣ менамояд.
5. Барои амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома дода мешавад.
 
БОБИ 3. ӮҲДАДОРИҲОИ ШАХСОНИ ҲУҚУҚӢ ВА СОҲИБКОРОНИ ИНФИРОДӢ ҲАНГОМИ  МУОМИЛОТ БО ПАРТОВҲОИ РАДИОАКТИВӢ
(ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
Моддаи 9. Ӯҳдадориҳои шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ҳангоми муомилот бо партовҳои радиоактивӣ
(ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ҳангоми муомилот бо партовҳои радиоактивӣ дорои ӯҳдадориҳои зерин мебошанд(ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
- таъмин намудани бехатарӣ ҳангоми лоиҳакашӣ, интихоби қитъаи замин, сохтмон, баистифодадиҳӣ ва аз истифодабарории иншоот ва таҷҳизоти барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинигардида;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
- саривақт анҷом додани аз нав арзёбии бехатарии объектҳои амалкунандаи барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинигардида, то ки дар мавриди зарурӣ, ҳамаи такмилдиҳии амалан дастрас ба мақсади баланд бардоштани бехатарии чунин объектҳо иҷро шаванд; 
- меъёрҳо, қоидаҳо, стандартҳо, талаботи санадҳои меъёрии техникӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро нисбат ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ риоя намоянд;   (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
- таъмин намудани таҳия ва амалисозии барномаҳои бехатарии муомилот бо партовҳои радиоактивӣ;
- пешбурди бақайдгирии партовҳои радиоактивӣ;
- таъмин намудани ҳифзи ҷисмонии партовҳои радиоактивӣ;
- таъмин намудани мониторинги радиатсионии ҷойи нигоҳдорӣ ё маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
- саривақт огоҳ намудани мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар сурати рӯй додани офатҳои табиӣ ва техногенӣ дар объектҳои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ; 
- андешидани чораҳои зарурӣ барои бартараф намудани садамаҳои радиатсионӣ, таъмини тахлияи (эвакуатсияи) аҳолӣ, ҳифзи кормандон ва муҳити зист;
- таъмин намудани иҷрои чорабиниҳое, ки ба баланд бардоштани сатҳи бехатарии кормандон, аҳолӣ ва ҳифзи муҳити зист дар объектҳои зертобеъ барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинишуда, равона шудаанд;
- ҷуброни зарар аз садамаҳои радиатсионӣ дар вақти муомилот бо партовҳои радиоактивӣ.
 
Моддаи 91. Талаботи умумӣ ба истеҳсолкунандагони партовҳои радиоактивӣ
(ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
1. Истеҳсолкунандагони партовҳои радиоактивӣ ҳар сол истифодаи мавод, моддаҳо, таҷҳизот ва ашёи дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ ҳосилшавандаро, ки дар таркибашон радионуклидҳо аз меъёрҳои муқарраргардидаи бехатарии радиатсионӣ зиёд мебошанд ва қобили истифодаи минбаъда буда наметавонанд, муайян менамоянд.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
2. Истеҳсолкунандагони партовҳои радиоактивӣ интиқоли партовҳои радиоактивиро ба маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилона ё тавассути корхонаи махсусгардонидашудаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ таъмин менамоянд.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
Моддаи 10. Муносибатҳои мутақобилаи корхонаҳои махсусгардонидашудаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ бо истеҳсолкунандагони партовҳои радиоактивӣ
1. Гӯронидани партовҳои радиоактивӣ танҳо аз ҷониби корхонаҳои махсусгардонидашудаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ дар сурати мавҷуд будани иҷозатнома иҷро карда мешавад.
2. Истеҳсолкунандагони партовҳои радиоактивӣ партовҳои радиоактивиро ба корхонаҳои махсусгардонидашудаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ тибқи меъёрҳо, қоидаҳо ва  стандартҳои тасдиқшуда месупоранд. 
3. Партовҳои радиоактивӣ аз лаҳзаи ба имзо расидани ҳуҷҷатҳо оид ба супоридани партовҳои радиоактивӣ аз ҷониби тарафҳо  ба  моликияти давлатӣ мегузаранд.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
4. То гузаштани партовҳои радиоактивӣ ба моликияти давлатӣ масъулият оид ба ҳифзи радиатсионӣ ва бехатарии муомилот бо партовҳои радиатсионӣ ба зиммаи истеҳсолкунанда аст.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
5. Корхонаҳои махсусгардонидашудаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ метавонанд коркарди пешакии партовҳои радиоактивиро дар корхона ва муассисаҳое, ки дар он ҷо  ин партовҳо ба вуҷуд омадаанд,  амалӣ намоянд.
6. Ҳамкории мутақобилаи байни истеҳсолкунандагони партовҳои радиоактивӣ ва корхонаҳои махсусгардондашудаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ дар асоси шартномаҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегиранд.
Моддаи 11. Муносибатҳои мутақобилаи корхонаҳои махсусгардонидашудаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот
1. Муносибатҳои мутақобилаи корхонаҳои махсусгардонидашудаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳо ба танзим дароварда мешаванд.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
2. Бартараф намудани мухолифат дар марҳилаҳои лоиҳакашӣ, сохтмон, истифодабарӣ, аз истифода баровардан ё бастани объект бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
 
БОБИ 4. БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ПАРТОВҲОИ РАДИОАКТИВӢ ВА МАҲФУЗГОҲҲОИ ПАРТОВҲОИ РАДИОАКТИВӢ
(ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
Моддаи 12. Бақайдгирии давлатии партовҳои радиоактивӣ ва маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ
(ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
1. Бақайдгирии давлатии партовҳои радиоактивӣ ва маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ барои ҷамъоварӣ ва нигоҳдории маълумоти зарурӣ бо мақсади таъмини фаъолияти низоми давлатии муомилот бо партовҳои радиоактивӣ, пешгирӣ намудани имконияти ҷамъшавии беназорати партовҳои радиоактивӣ, таъмин намудани назорати фаврӣ оид ба ҷойгиршавӣ ва интиқоли партовҳои радиоактивӣ,  шароити нигоҳдорӣ ва гӯронидани онҳо гузаронида мешавад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
2. Бақайдгирии давлатии партовҳои радиоактивӣ дар бар мегирад:
-  пешбурди Феҳристи давлатии партовҳои радиоактивӣ;
- пешбурди Кадастри давлатии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ ва номгӯи маконҳои нигоҳдории муваққатии партовҳои радиоактивӣ.
3. Барои ба таври доимӣ таъмин намудани аз нав барқароркунӣ ва саривақт ворид намудани тағйирот ба Феҳристи давлатии партовҳои радиоактивӣ ва Кадастри давлатии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ барӯйхатгирии мунтазами давлатии партовҳои радиоактивӣ ва маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ, аз ҷумла маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивии дар минтақаи истеҳсолкунандаи ин партовҳо ҷойгирбуда, гузаронида мешаванд. Феҳристи давлатии партовҳои радиоактивӣ ва Кадастри давлатии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ бемӯҳлат (доимӣ) бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ» нигоҳ дошта мешаванд.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
4. Ташкил ва таъмин намудани фаъолияти системаи баҳисобгирии партовҳои радиоактивро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ амалӣ менамояд.
Моддаи 13. Феҳристи давлатии партовҳои радиоактивӣ
1. Пешбурди Феҳристи давлатии партовҳои радиоактивиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ амалӣ менамояд.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
2. Мақомот ва муассисаҳои давлатии дар танзими муносибатҳои вобаста ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ иштироккунанда, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти  худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои ворид намудан ба Феҳристи давлатии партовҳои радиоактивӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ маълумот пешниҳод менамоянд.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
Моддаи 14. Кадастри давлатии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ
1. Пешбурди Кадастри давлатии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ амалӣ менамояд.   (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
2. Ба Кадастри давлатии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ маълумоти ҳуҷҷатнокшуда вобаста ба макон ва мӯҳлати ҷойгиронии партовҳои радиоактивӣ, макони маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивии дарозумр ва консерватсияи онҳо, хусусиятҳои миқдорӣ ва сифатии партовҳои радиоактивӣ, низоми назорат ва мониторинги маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ дохил карда мешаванд.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
 
БОБИ 5. ТАРТИБИ МУОМИЛОТ БО ПАРТОВҲОИ РАДИОАКТИВӢ
Моддаи 15. Нигоҳдорӣ ва гӯронидани партовҳои радиоактивӣ
1. Нигоҳдорӣ ва гӯронидани партовҳои радиоактивӣ танҳо дар ҷойҳои махсуси таъиншуда ва дар объектҳои аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ муайяншуда ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ иҷозатдодашуда роҳ дода мешавад.
2. Дар вақти нигоҳдорӣ ё гӯронидани партовҳои радиоактивӣ ҷудо нигоҳ доштани онҳо  аз муҳити зист бо маҷмӯи монеаҳои табиӣ ва сунъӣ таъмин карда мешавад.
3. Бехатарии радиатсионии нигоҳдорӣ ва маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ дар шароити муқаррарӣ бо риояи меъёрҳо, қоидаҳо, стандартҳо оид ба бехатарии радиатсионӣ ва ядроӣ, инчунин бехатарии идоракунии партовҳои радиоактивӣ таъмин карда мешавад.
4. Бехатарии радиатсионии нигоҳдории партовҳои радиоактивӣ ва маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ ҳангоми истифодабарии муқаррарӣ, ҳодисаҳои фавқулоддаи табиӣ (заминларза, обхезӣ, тӯфон ва монанди онҳо) ё ҳолатҳои садамавӣ бо чорабиниҳои лоиҳавии илмӣ асосноккардашудаи ба вуҷуд омадани ҳодисаҳои имконпазир, ки тавассути онҳо зиёд нашудани ҳадди бо меъёрҳо,  қоидаҳо  ва стандартҳои бехатарии радиатсионӣ муқарраркардашуда дастрас мегардад, таъмин карда мешаванд. Масъулият оид ба омода намудани арзёбии бехатарӣ дар чаҳорчӯбаи асосноккунии бехатарӣ ба зиммаи соҳиби объект гузошта мешавад.
5. Гӯронидани партовҳои радиоактивии дарозумр танҳо дар намуди ҳолати сахт, шаклҳои геологии устувор бо интиқоли ҳатмии онҳо ба намуди бехатари таркишӣ, сӯхторӣ ва ядроӣ амалӣ карда мешавад, ки безарар гардидани онҳоро дар ҳудуди қитъаи ҷудокардашудаи қаъри замин кафолат медиҳад. 
6. Гӯронидани партовҳои радиоактивии кӯтоҳумрро дар ҳолати сахт дар маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивии назди сатҳи заминӣ ва рӯизаминии маҳфузгоҳҳо амалӣ кардан мумкин аст. 
7. Дар тамоми мӯҳлати нигоҳдорӣ ё гӯронидани партовҳои радиоактивӣ назорати мунтазами  ҳолати онҳо, шароити радиатсионии нигоҳдорӣ ва маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ ва муҳити зист аз ҷониби соҳиби объект бурда мешавад.
Моддаи 16. Таъмини муҳофизати ҷисмонӣ ҳангоми муомилот бо партовҳои радиоактивӣ
1. Таъмини муҳофизати ҷисмонӣ ҳангоми муомилот бо партовҳои радиоактивӣ ба зиммаи соҳиби партовҳои радиоактивӣ вогузор карда мешавад.
2. Сатҳи муҳофизати ҷисмонӣ, ки таъмини он талаб карда мешавад, бояд ба сатҳи хатарнокии радиатсионӣ ва хусусияти партовҳо баробарандоза бошад.
3. Фаъолият оид ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ манъ карда мешавад, агар чорабиниҳо нисбат ба таъмини бехатарии муҳофизати ҷисмонӣ андешида нашуда бошанд.
4. Тартиби ташкил намудани муҳофизати ҷисмониро ҳангоми муомилот бо партовҳои радиоактивӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд.
Моддаи 17. Интиқоли партовҳои радиоактивӣ
 1. Интиқоли партовҳои радиоактивӣ дар асоси меъёрҳо ва қоидаҳои аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ муайянгардида амалӣ карда мешавад ва он маълумоти зеринро дар бар мегирад:  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
-  тартиби интиқоли онҳо;
- ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои боринтиқолдиҳанда, боркашон ва қабулкунанда;
- чораҳои бехатарӣ;
- талабот ба борҷома ва воситаҳои нақлиёт;
- чорабиниҳо дар ҳолати рух додани ҳодисаҳои садамаи нақлиётӣ дар вақти интиқоли партовҳои радиоактивӣ;
- пешгирӣ ва чорабиниҳо оид ба бартараф намудани оқибатҳои эҳтимолии садамаҳои радиатсионӣ;
- чорабиниҳои муҳофизати ҷисмонӣ.
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор маҷмӯи чорабиниҳоро оид ба интиқоли партовҳои радиоактивӣ таҳия менамоянд. 
3. Шароит ва реҷаи интиқоли партовҳои радиоактивӣ бо роҳи ҳавоӣ, оҳан, обӣ ва нақлиёти автомобилӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ ва вазорату идораҳои дахлдор  мувофиқа карда мешаванд.
4. Дар сурати ба амал омадани садамаи радиатсионӣ ҳангоми интиқоли партовҳои радиоактивӣ дар нақлиёт, масъулият оид ба бартарафсозӣ, инчунин ҳифзи кормандон, аҳолӣ, муҳити зист ва маводи қимматнок ба зиммаи боринтиқолдиҳанда гузошта мешавад, агар тибқи шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
Моддаи 18. Истифодабарии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ
1. Истифодабарии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ тибқи меъёрҳо, қоидаҳо ва стандартҳо оид ба бехатарии радиатсионӣ ва талаботи бехатарӣ оид ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ бо таъмин намудани мониторинги радиатсионии ҳолати маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ анҷом дода мешавад.
2. Назорати ҳолати муҳити зист дар минтақаи ҷойгиршавии маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист амалӣ карда мешавад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
3. Саривақт огоҳкунии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба вайронкунии тартиб дар вақти истифодабарии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ ба зиммаи роҳбарони корхонаҳои махсусгардонидашудаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ гузошта мешавад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
4. Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ иҷрои чорабиниҳоеро, ки ба истифодаи босамари маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивии амалкунанда равона гардидаанд, таъмин менамоянд.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
5. Низоми махсус дар ҳудуди маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ, дар минтақаи назоратӣ ва минтақаи муҳофизати санитарӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
Моддаи 19. Консерватсияи маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ ва солимгардонии минтақаи бо партовҳои радиоактивӣ ифлосгашта
1. Консерватсияи маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ ва солимгардонии минтақаи бо партовҳои радиоактивӣ ифлосгашта, ки аз экспертизаи давлатӣ гузаштааст, бо қарори мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ, ки бо мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ ба мувофиқа расидааст, амалӣ карда мешавад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
2. Қатъ намудани қабули партовҳои радиоактивӣ ва ё консерватсияи маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ ва солимгардонии минтақаи бо партовҳои радиоактивӣ ифлосгашта тибқи лоиҳаи консерватсияи маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ ва солимгардонии минтақаи бо партовҳои радиоактивӣ ифлосгашта, меъёрҳо, қоидаҳо ва стандартҳои бехатарии радиатсионӣ амалӣ карда мешавад.
3. Баъди консерватсияи маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ паст кардани эҳтимолияти дастрасии ғайриқонунӣ ба маҳфузгоҳи консерватсияшуда таъмин карда мешавад. Пас аз солимгардонии минтақаи бо партовҳои радиоактивӣ ифлосгашта дар минтақа паст кардани эҳтимолияти дастрасии ғайриқонунӣ ба он таъмин карда мешавад ё ба истифода ба фаъолияти иҷозатдодашуда дода мешавад.
4. Масъулият оид ба нигоҳдории ҳуҷҷатҳое, ки объектро тавсиф мекунанд, нишонаҳои огоҳкунанда, монеаҳо ва ба ин монанд ба зиммаи соҳиби  объект гузошта мешавад.
5. Низоми махсус дар ҳудуди маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ,  дар минтақаи назоратӣ ва минтақаи муҳофизати санитарӣ баъди рӯйпӯш намудани онҳо дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
Моддаи 20. Иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ
Иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" амалӣ карда мешавад.
 
БОБИ 6. ТАРТИБИ ҶОЙГИРКУНӢ, ЛОИҲАКАШӢ, СОХТМОН ВА БА ИСТИФОДА ДОДАНИ    ОБЪЕКТИ БАРОИ МУОМИЛОТ БО ПАРТОВҲОИ РАДИОАКТИВӢ ПЕШБИНИГАРДИДА
Моддаи 21. Қабули қарор оид ба гузаронидани корҳои лоиҳавию ҷустуҷӯӣ барои ҷойгиркунии объекти барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинигардида
1. Қарори сохтмони объектро, ки барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинӣ гардидааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул  мекунад.
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро, ки дар минтақаи онҳо сохтмон ба нақша гирифта шудааст, оид ба қабули қарор барои сохтмони маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ ё иншооте, ки барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинӣ гардидаанд, инчунин оид ба мавҷуд будани корҳои лоиҳавию ҷустуҷӯӣ дар қитъаи замин ба нақшагирифташуда хабардор менамояд.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
3. Пешниҳоди корхонаи махсусгардонидашудаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ вобаста ба қитъаи замин дар сурати  мавҷуд  будани маълумоти зерин баррасӣ карда мешавад:  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
- маълумоти зарурӣ дар бораи объекти бунёдшаванда ва чорабиниҳои маҳдудкунандаи таъсири манфии ин объект ба саломатии аҳолӣ ва вазъи муҳити зист;
- хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ;
- хулосаи экспертизаи  давлатӣ оид ба бехатарии радиатсионӣ ва ядроӣ.
4. Хулосаҳои ин экспертизаҳо ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ барои шиносшавӣ бояд дастрас бошанд.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
5. Агар майдончаи барои сохтани маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ ё объект, ки барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинӣ гардидааст, корношоям эътироф гардад, соҳиби маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ бояд корҳоро оид ба солимгардонии минтақа ва бартарафсозии ҳамаи оқибатҳои зарари экологӣ, ки дар натиҷаи гузаронидани корҳои лоиҳавию ҷустуҷӯӣ ба вуҷуд омадаанд, анҷом диҳад.
Моддаи 22. Тартиби қабул намудани қарор оид ба додани қитъаи замин барои сохтмони маҳфузгоҳ ё иншооти барои муомилот бо партовҳои  радиоактивӣ пешбинигардида
(ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баррасии масъалаи додани қитъаи замин барои сохтмони маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ ё объекти барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинигардида, пешниҳод ирсол менамояд.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
2. Ҷиҳати қабули қарор оид ба додани қитъаи замин барои сохтмони маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
- тавсифномаи техникии маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ ё объекти барои  муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинигардида;
- асосноккунии техникию иқтисодии зарурати сохтмони объекти барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинигардида, инчунин на камтар аз се тарзи ҷойгиркунии маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ дар қитъаи замин(ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
- арзёбии бехатарӣ, ки аз ҷониби шахсони ҳуқуқию соҳибкорони инфиродии салоҳиятдор оид ба тартиб додани арзёбии бехатарӣ, ки ба онҳо фармоишгар ҳуқуқи гузаронидани ин корҳоро додааст, омода карда шудааст;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
- таҳлили маълумот нисбат ба бехатарии қитъаи замин, ки дар вақти гузаронидани корҳои лоиҳавию ҷустуҷӯӣ ба даст омадаанд;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
- тавсифномаи муҳити зисти табиии минтақаи ҷойгиршавии объектҳои барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ таъиншуда ва маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ;
- хулосаи баҳодиҳии таъсири ин объектҳо ва маҳфузгоҳҳо ба аҳолӣ ва муҳити зист;
 - пешниҳод ва эродҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот.
3. Қарор оид ба додани қитъаи замин барои сохтмони маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ ва объекти барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинигардидаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул менамояд.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
Моддаи 23. Лоиҳакашӣ, сохтмон ва ба истифода додани маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ ё объектҳои барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинигардида
1. Лоиҳакашии маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ ё объектҳои барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинишуда дар мувофиқа бо меъёрҳо, қоидаҳо ва стандартҳо бо истифодаи технологияҳое, ки дар таҷриба, озмоиш ё таҳлил тасдиқ гардидаанд, иҷро карда мешавад.
2. Лоиҳаи маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ бояд ду арзёбии бехатариро дар бар гирад:
- ҳангоми истифодабарии  маҳфузгоҳ;
- баъди рӯйпӯш намудани маҳфузгоҳ.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
3. Сохтмони маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ ё объектҳои барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинигардида дар асоси лоиҳаи дахлдори аз экспертизаи давлатӣ ва экологӣ гузашташуда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меъморӣ ва шаҳрсозӣ, инчунин меъёру қоидаҳои сохтмонӣ  ва ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои сохтмон, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ дода шудааст, амалӣ мегардад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
 
БОБИ 7. НИЗОМИ МАХСУСИ МИНТАҚАҲОИ БАРОИ МАҲФУЗГОҲҲОИ ПАРТОВҲОИ РАДИОАКТИВӢ ВА ОБЪЕКТҲОИ БАРОИ МУОМИЛОТ БО ПАРТОВҲОИ РАДИОАКТИВӢ ПЕШБИНИГАРДИДА
(ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
Моддаи 24. Додани қитъаҳои замин барои маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ ва объектҳои барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинигардида
(ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
Қитъаҳои замине, ки барои маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ ё объектҳои барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинӣ гардидаанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
Моддаи 25. Намудҳои фаъолияте, ки дар минтақаи барои маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ ва объектҳои барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ ҷудогардида манъ карда шудаанд
1. Қитъаҳои замине, ки барои маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ ва объектҳои барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинӣ гардидаанд, аз гардиши хоҷагидорӣ бароварда шуда, аз минтақаҳои ҳаммарзи назоратӣ ва муҳофизати санитарӣ ҷудо карда мешаванд. 
2. Дар минтақаҳои назоратӣ ва муҳофизати санитарӣ фаъолиятҳои зерин манъ карда мешаванд:  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
- истиқомати аҳолӣ;
- ҳамаи намудҳои истифодабарии об, ҷангал ва қаъри замин, ба истиснои фаъолиятҳо, ки лоиҳаҳои минтақаи назоратӣ ва муҳофизати санитарӣ муайян намудаанд;
- гузаронидани таҳқиқоти илмӣ бе иҷозати махсус;
- бе иҷозати махсус пешбарии фаъолияти кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал бо мақсади ба даст овардани маҳсулот, инчунин сохтмони иншооти таъиноти иҷтимоӣ ва ҷамъиятӣ;
- тибқи натиҷаҳои арзёбии бехатарӣ ҳар гуна фаъолияти дигаре, ки низоми бехатарии радиатсиониро таъмин намекунад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
 
БОБИ 8. КАФОЛАТҲОИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТӢ БАРОИ МУОМИЛОТ БО ПАРТОВҲОИ  РАДИОАКТИВӢ
Моддаи 26. Кафолатҳои иҷтимоӣ барои шаҳрвандоне, ки дар минтақаи ҷойгиршавии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ ва объектҳои барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинигардида зиндагӣ ва фаъолият мекунанд
1. Ба шаҳрвандоне, ки дар минтақаи ҷойгиршавии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ ва объектҳои барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинигардида зиндагӣ ва фаъолият мекунанд, ҳуқуқи ҷуброн кардани хисороти расонидаи ин маҳфузгоҳҳо ва объектҳо кафолат дода мешавад.
2. Масъалаҳо оид ба намуд, ҳаҷм ва тартиби ҷуброн кардани ҳисорот вобаста ба ҳолати мушаххас аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
Моддаи 27. Ҳифзи иҷтимоии кормандоне, ки бо партовҳои радиоактивӣ кор мекунанд
1. Ҳифзи иҷтимоии кормандоне, ки бо партовҳои радиоактивӣ кор мекунанд, бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- суғуртаи ҳатмии тиббӣ;
- имтиёзҳо вобаста ба муайянкунии синну соли нафақа, рӯзи корӣ, иловапулӣ ба маош.
2. Суғуртаи ҳатмии тиббӣ аз ҳисоби корхонаҳо, муассисаҳо ва  дигар ташкилотҳо новобаста аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқии онҳо, шахсони воқеӣ, ки бо муомилоти (истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ, гӯронидан) партовҳои радиоактивӣ машғуланд, анҷом дода мешавад. 
3. Тартиби ҷорӣ намудан ва андозаи имтиёзҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
 
БОБИ 9. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 28. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ
Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, амалӣ карда мешавад.
Моддаи 29. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур 
Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1430)
Моддаи 30. Тартиби мавриди амал қарор додани  Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                         Эмомалӣ РАҲМОН

 
ш. Душанбе,
22 июли соли 2013,
№ 1002
 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ГАРАВХОНА (ЛОМБАРД)

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Сшб, 15/09/2020 - 10:30
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
992
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
22.07.2013

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ГАРАВХОНА

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №7, мод. 520; с.2014, №11, мод.662)

(Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1153, аз 04.07.2020 № 1713, аз 24.12.2022 № 1945)

(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1945)

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба фаъолияти гаравхона оид ба додани қарзи кӯтоҳмӯҳлат бар ивази гарави молу мулки манқули шаҳрвандон, инчунин нигаҳдошти молу мулки манқули шаҳрвандонро танзим менамояд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1945).

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- гаравхона - шахси ҳуқуқӣ (ташкилоти махсусгардонидашуда), ки ба додани қарзи кӯтоҳмӯҳлат бар ивази гарави молу мулки манқули шаҳрвандон, инчунин нигаҳдошти молу мулки манқули шаҳрвандон машғул аст (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1945);

- ҳудуди гаравхона - ҳудуди махсуси таҳти муҳофизат қарордоштаи бинои асосӣ, ки барои қабули молгузорон, додани қарзи кӯтоҳмӯҳлат, нигаҳ доштани ҳуҷҷатҳои қарздиҳӣ, пули нақд, молу мулки багаравмонда ва барои нигаҳдошт супурдашуда таъин гардидааст;

- молу мулки хурдҳаҷм - маснуоти заргариву ҷавоҳирот ва ҳамчунин дигар молу мулки манқул, ки дар сандуқҳои (сейфҳои) насӯзандаи дар ҳудуди гаравхона ҷойгиркардашуда нигаҳ дошта мешаванд;

- молу мулки калонҳаҷм - молу мулки манқул, ки дар ҳудуди гаравхона нигаҳ дошта мешавад;

- мавзӯи гарав дар гаравхона - молу мулки манқули аз муомилот бароварданашуда ва молу мулки манқуле, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муомилоташон маҳдуд карда нашудааст (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1713);

- ҳуҷҷатҳои қарздиҳӣ ва нигаҳдошт- шартномаи қарз, шартномаи нигаҳдошт, чиптаи (билети) гарав, квитансияи номии нигаҳдошт, ҳамчунин дигар ҳуҷҷатҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- шартномаи қарз - шартномаи байни гаравхона ва молгузор ба мӯҳлати муайян бо додани чиптаи (билети) гарав;

- шартномаи нигаҳдошт - шартномаи байни гаравхона ва молгузор ба мӯҳлати муайян барои нигаҳдошти молу мулки манқул бо пардохти подош ва додани квитансияи номии нигаҳдошт;

- чиптаи (билети) гарав (минбаъд - чиптаи гарав) - ҳуҷҷати ҳисоби гараве, ки зимни бастани шартномаи қарз ба молгузор дода мешавад;

- квитансияи номии нигаҳдошт - ҳуҷҷати ҳисоби гараве, ки зимни бастани шартномаи нигаҳдошт ба молгузор дода мешавад;

- молу мулки дархостнашуда - молу мулки ба гаравхона супурдашудаи молгузор, ки дар мӯҳлати муайяннамудаи шартномаҳои қарз ва нигаҳдошт дархост нашудааст.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гаравхона

(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1945)

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гаравхона ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1713, аз 24.12.2022 № 1945).

Моддаи 3. Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти гаравхона

Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти гаравхона тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" амалӣ карда мешавад.

Моддаи 3(1). Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими фаъолияти гаравхонаҳо

(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1945)

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими фаъолияти гаравхонаҳо мансубанд:

- пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи танзими фаъолияти гаравхонаҳо;

- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими фаъолияти гаравхонаҳо;

- фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои рушди соҳаи танзими фаъолияти гаравхонаҳо;

- амалӣ намудани дигар салоҳияти пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1945).

Моддаи 3(2). Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими фаъолияти гаравхонаҳо

(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1945)

Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими фаъолияти гаравхонаҳо мансубанд:

- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи танзими фаъолияти гаравхонаҳо;

- мониторинги фаъолияти гаравхонаҳо;

- натиҷагирӣ аз таҷрибаи танзими фаъолияти гаравхонаҳо;

- таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани таклифҳо оид ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими фаъолияти гаравхонаҳо;

- таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи танзими фаъолияти гаравхонаҳо;

- иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти гаравхонаҳо;

- амалӣ намудани дигар ваколатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1945).

Моддаи 4. Шарт ва талаботҳои асосӣ ба фаъолияти гаравхона

1. Гаравхона бояд мӯҳр дошта, номаш ба забони давлатӣ дарҷ гардида бошад ва дар матни он калимаҳои "гаравхона" ва ишорае ба шакли ташкилию ҳуқуқии он ифода ёбанд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1945).

2. Гаравхона дар раванди фаъолияташ метавонад маблағҳои худӣ ва қарзӣаз ташкилотҳои қарзӣ ва ташкилотҳои дигар бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтаашро мавриди истифода қарор диҳад. Сармояи оинномавии гаравхона бояд на камтар аз се ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил намояд ва дар шакли пул ташаккул дода шавад (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1713).

3. Гаравхона ҳуқуқ дорад аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди синнашон ба 18 расида дар асоси шиноснома ва (ё) ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсияти молгузор бо мақсади додани қарзи кӯтоҳмӯҳлат молу мулки манқулро ба гарав гирад ва нигаҳдошти онро таъмин намояд, ба истиснои молу мулке, ки аз муомилот бароварда шудааст ва инчунин молу мулке, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муомилоташ маҳдуд карда шудааст.

4. Гаравхона ба намудҳои зерини фаъолият машғул шуда метавонад:

-додани қарзи кӯтоҳмуддат бар ивази гарави молу мулки манқули шаҳрвандон;

-қабул ба гарав, нигаҳдошт ва хариду фурӯши молу мулки манқул, аз ҷумла хариду фурӯши молу мулке, ки дар таркибашон металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо доранд ва ашёи атиқа;

-хизматрасонӣ оид ба нигаҳдошти ҳуҷҷатҳо ва маводи арзишноки шаҳрвандон;

-фурӯши молу мулки багаравмонда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-баҳодиҳии молу мулки пешниҳодшуда мувофиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ё шартҳои шартнома (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1945);

-муайян намудани намуд, навъ ва хусусиятҳои молу мулки ба гаравхона пешниҳодгардида;

- фаъолияти дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1713).

5. Гаравхона ба додани қарзи молӣҳуқуқ надорад.

6. Гаравхона ҳуқуқи истифода ва ихтиёрдорӣ кардани молу мулки багаравмонда ва барои нигаҳдошт супурдашударо, ба истиснои ҳолатҳои дар моддаи 12 Қонуни мазкур пешбинигардида, надорад.

7. Гаравхона ӯҳдадор аст молу мулки хурдҳаҷми багаравмонда ва барои нигаҳдошт супурдашударо дар сандуқи (сейфи) насӯзандаи гаравхона ва (ё) тибқи шартнома дар ташкилотҳои қарзие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд ва молу мулки калонҳаҷмро дар бинояш ва (ё) дар биноҳои иҷорагирифтааш, ки ҷавобгӯи талаботи қисмҳои 8 ва 9 моддаи мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, нигаҳ дорад.

8. Дар ҳудуди гаравхона бояд барои нигаҳ доштани молу мулки багаравмонда ва барои нигаҳдошт супурдашуда шароите муҳайё карда шавад, ки барои нигаҳдошти молу мулки мазкур мувофиқ буда, ба он осеб нарасад ва (ё) дастраси шахсони бегона набошад.

9. Дар ҷойҳои нигаҳдошти молу мулки багаравмонда ва барои нигаҳдошт супурдашуда нигаҳдошти дигар молу мулк манъ аст.

10. Муносибатҳои байни гаравхона ва молгузор бо Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси шартномаҳои қарз ва нигаҳдошт танзим карда мешаванд.

11. Гаравхона метавонад дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон филиалҳо ва намояндагиҳо таъсис диҳад.

12. Зимни анҷом додани фаъолият гаравхона бояд талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом"-ро риоя намояд (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1713).

13. Гаравхона фавран ва бе огоҳонидани пешакӣ бояд ҳама гуна амалиётро бо маблағҳои пулӣ ё молу мулки дигари шахсони воқеӣ, ки дар рӯйхати шахсони алоқаманд бо терроризм. ва паҳнкунии силоҳи қатли ом дохил гардидаанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ намояд (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1713).

14. Гаравхона оид ба ошкорсозӣ, ҳуҷҷатгузорӣ, баҳодиҳӣ, назорат ва коҳиш додани хавфҳои вобаста ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом чораҳои зарурӣ меандешад ва мунтазам оид ба хавфҳои ошкоргардида ба мақомоти дахлдори танзим ва назорат ва мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом хабар медиҳад ва бояд ин маълумотро ба мӯҳлати на кам аз панҷ сол нигоҳ дорад (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1713).

15. Мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар якҷоягӣ бо мақомоти танзим ва назорат ва ё мустақилона бо мақсади ошкор кардани вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, санҷиши фаъолияти гаравхонаҳоро мегузаронад  (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1713).

Моддаи 4(1). Мавзӯи гарав ва нигаҳдошт дар гаравхона

(Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1713)

Мавзӯи гарав ва нигаҳдошт дар гаравхона, ба истиснои молу мулке, ки дар қисми 3 моддаи 4 Қонуни мазкур нишон дода шудаанд, метавонад ҳама гуна молу мулки манқул бошад, аз ҷумла:

- молу мулке, ки дар таркибашон металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо доранд;

- воситаҳои нақлиёт ва таҷҳизоти маишӣ;

- ҳуҷҷат ва маводи арзишнок барои нигаҳдошт;

- телефони мобилӣ, компютер, планшет ва таҷҳизоти дигари электронӣ;

- ашёи атиқа;

- молу мулки манқули дигари арзишнок  (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1713).

Моддаи 5. Баҳодиҳии молу мулки багаравмонда ва (ё) барои нигаҳдошт супурдашуда

(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1945)

Молу мулки багаравмонда ва (ё) барои нигаҳдошт супурдашуда бо мувофиқаи тарафҳо аз рӯи нархҳои дар савдо истифодашаванда нисбат ба чунин намуду сифати молу мулк дар вақт ва маҳалли қабули он ба гарав ва (ё) барои нигаҳдошт супурдашуда ё тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти баҳодиҳӣ муқарраршуда баҳодиҳӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1945).

Моддаи 5(1). Талабот оид ба ҳудуди гаравхона ва ҷойи махсуси нигоҳдории молу мулки гаравхона

(Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1713)

1. Гаравхона бояд дар биноҳо, иншоот ва иморатҳое, ки объектҳои асосии сохтмонӣ мебошанд, ҷойгир карда шавад ва ба талаботи бехатарӣ ва муҳофизат ҷавобгӯ бошад.

2. Гаравхона дар ҷойҳои зерин ҷойгир карда намешавад:

- дар объектҳои сохтмонашон нотамом, сохтмони муваққатӣ, дӯконҳо, дар зери айвонҳо ва иншооти дигари монанд;

- дар биноҳо, иншоот ва иморатҳое, ки дар онҳо муассисаҳои кӯдакона, таълимӣ, тандурустӣ, динӣ, осоишгоҳ ва истироҳатгоҳ ҷойгиранд;

- дар иншооти инфрасохтори нақлиётӣ (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1713).

Моддаи 6. Суғурта кардани молу мулки багаравмонда ва (ё) барои нигаҳдошт супурдашуда

1. Гаравхона ӯҳдадор аст молу мулки ба гарав ва (ё) барои нигаҳдошт гирифтаашро ба манфиати молгузор аз ҳисоби худ бо арзиши пуррааш аз рӯи нархҳои чунин молу мулк ва чунин сифати дар савдо истифодашавандаи он ҳангоми ба гарав ва (ё) барои нигаҳдошт гирифтан муайян карда мешавад, суғурта намояд.

2. Гаравхона ҳуқуқи аз ҳисоби молгузор маҷбуран суғурта кардани молу мулки багаравмонда ва (ё) барои нигаҳдошт супурдашударо надорад.

БОБИ 2. ТАРТИБИ ҚАРЗДИҲӢВА НИГАҲДОШТИ МОЛУ МУЛК ДАР ГАРАВХОНА

Моддаи 7. Шартномаи қарз

1. Шартномаи қарз мутобиқи моддаҳои 10 ва 13 Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо додани чиптаи гарав ба молгузор аз ҷониби гаравхона ба расмият дароварда шуда, дар ҳар як ҳолати додани қарз чиптаи гарави нав тартиб дода мешавад.

2. Гаравхона тибқи шартҳои шартномаи қарз ба молгузор ба мӯҳлати муайян бо асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи кӯтоҳмӯҳлат медиҳад.

3. Ҳангоми бастани шартномаи қарз гаравхона бо шарти дар мӯҳлати на бештар аз як сол баргардонидан ба молгузор бо подош маблағ қарз медиҳад. Молгузор бошад, ба гаравхона молу мулкеро месупорад, ки мавзӯи гарав аст (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1713).

4. Шартномаи қарз ба таври хаттӣ тартиб дода шуда, аз лаҳзаи имзо шуданаш, инчунин ба молгузор додани маблағи қарз ва ба гаравхона додани молу мулки багаравмонда басташуда ҳисоб меёбад.

5. Шартҳои муҳими шартномаи қарз номгӯйи молу мулки багаравмонда, тибқи моддаи 5 Қонуни мазкур маблағи баҳододашудаи он, маблағи қарз, меъёри фоизи қарз ва мӯҳлати супурдани он маҳсуб мешаванд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1945).

Моддаи 8. Шартномаи нигаҳдошт

1. Молгузор тибқи шартҳои шартномаи нигаҳдошт молу мулкашро ба гаравхона барои нигаҳдошт месупорад. Гаравхона дар навбати худ ӯҳдадор мешавад, ки молу мулки барои нигаҳдошт супурдашударо аз рӯи шартҳои дар моддаи 4 Қонуни мазкур пешбинишуда бо подош нигаҳдошт кунад.

2. Гаравхона тибқи моддаи 11 Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми аз молгузор гирифтани молу мулк квитансияи номии нигаҳдоштро ба расмият медарорад.

3. Шартҳои муҳими шартномаи нигаҳдошт номгӯйи молу мулки ба нигаҳдошт супурдашуда, тибқи моддаи 5 Қонуни мазкур маблағи баҳододашудаи он, мӯҳлати нигаҳдошти он, андозаи подоши нигаҳдошт ва тартиби пардохти он ба ҳисоб мераванд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1945).

4. Шартномаи нигаҳдошт мутобиқи моддаҳои 11 ва 14 Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо додани квитансияи номии нигаҳдошт ба расмият дароварда мешавад.

Моддаи 9. Махфияти ҳуҷҷатҳои қарздиҳӣ ва нигаҳдошт

1. Гаравхона махфияти маълумоти ҳуҷҷатҳои қарздиҳии зимни бастани шартномаи қарз ва (ё) шартномаи нигаҳдошт аз молгузор гирифтаашро, ки фош гардидани он метавонад ба молгузор зиёни моддӣ ва (ё) маънавӣ расонад, кафолат медиҳад.

2. Гаравхона ва кормандони он вазифадоранд махфияти маълумоти дар қисми 1 моддаи мазкур зикршударо риоя намоянд ва дар сурати фош гардидани он тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

3. Гаравхона ҳуҷҷатҳои қарздиҳӣ ва нигаҳдошт ва (ё) маълумоти дар онҳо дарҷёфтаро дар мавридҳои пешбини намудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ба мақомот ва шахсони зерин пешниҳод мекунад:

- ба мақомоти давлатии дахлдор бинобар зарурати иҷрои ваколатҳои назоратӣ;

- ба суд ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли омоид ба аҳдҳо ва амалиёти шубҳанок (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1153, аз 04.07.2020 № 1713);

- ба шахсони ваколатдорнамудаи молгузор ва идораи нотариали оид ба масъалаҳои мерос.

4. Мақомот ва шахсони дар қисми 3 моддаи мазкур зикршуда махфияти маълумоти бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо пешниҳодшударо кафолат медиҳанд.

Моддаи 10. Тартиби ба расмият даровардани чиптаи гарав

1. Чиптаи гарав аз ҷониби гаравхона дар ду нусха тартиб дода мешавад. Ҳар нусхаи чиптаи гарав рақамгузорӣ гардида, ба он мӯҳри гаравхона гузошта мешавад. Як нусхаи чиптаи гарав дар гаравхона нигаҳ дошта шуда, нусхаи дигараш ба молгузор дода мешавад.

2. Чиптаи гарав бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:

- ному суроғаи (маҳалли ҷойгиршавии) гаравхона;

- насаб, ном ва номи падари молгузор, санаи таваллуд, шаҳрвандӣ, маълумоти шиноснома ё ҳуҷҷати дигаре, ки шахсияти ӯро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад;

- номгуй ва тавсифи молу мулки багаравмонда, ки имкон медиҳанд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон он ҳаммонанд карда шавад;

- маблағи баҳододашудаи молу мулки багаравмонда (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1945);

- маблағи қарзи додашуда;

- сана ва мӯҳлати қарзи додашуда бо зикри санаи пардохти он;

- фоизи қарз (бо зикри ҳатмии фоизи қарзе, ки барои як рӯзи тақвимӣҳисоб карда шудааст).

3. Чиптаи гарав метавонад дигар маълумотеро, ки Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, дар бар гирад.

4. Чиптаи гарав тибқи талаботи қисми 2 моддаи мазкур ба расмият дароварда шуда, ҳар нусхааш аз ҷониби намояндаи гаравхона ва молгузор имзо ва ба онҳо мӯҳри гаравхона гузошта мешавад.

5. Чиптаи гарав бояд на камтар аз панҷ сол баъд аз анҷом ёфтани муносибатҳои корӣ нигоҳ дошта шавад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1153).

Моддаи 11. Тартиби барасмиятдарории квитансияи номии нигаҳдошт

1. Квитансияи номии нигаҳдошт бевосита ҳангоми ба нигаҳдошт супурдани молу мулк дар ду нусха тартиб дода мешавад. Ҳар нусхаи квитансияи номии нигаҳдошт аз рӯи тартиб рақамгузорӣгардида, ба он мӯҳри гаравхона гузошта мешавад. Як нусхаи квитансияи номии нигаҳдошт дар гаравхона нигаҳ дошта шуда, нусхаи дигараш ба молгузор дода мешавад.

2. Квитансияи номии нигаҳдошт бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:

- ному суроғаи (маҳалли ҷойгиршавии) гаравхона;

- насаб, ном ва номи падари молгузор, санаи таваллуд, шаҳрвандӣ, маълумоти шиноснома ё ҳуҷҷати дигаре, ки шахсияташро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад;

- номгуй ва тавсифи молу мулки ба нигаҳдошт супурдашуда, ки имкон медиҳанд мутобиқи талаботи қонунгузориии Ҷумҳурии Тоҷикистон он ҳаммонанд карда шавад;

- маблағи баҳододашудаи молу мулки ба нигаҳдошт супурдашуда (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1945);

- санаи ба нигаҳдошт супурдани молу мулк ва мӯҳлати нигаҳдошт;

- шартҳои технологии нигаҳдошт;

- подоши нигаҳдошт ва тартиби пардохти он.

3. Квитансияи номии нигаҳдошт метавонад ҳамчунин маълумоти дигареро, ки Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣнамудаанд, дошта бошад.

4. Квитансияи номии нигаҳдошт тибқи талаботи қисми 2 моддаи мазкур ба расмият дароварда шуда, ҳар нусхааш аз ҷониби намояндаи гаравхона ва молгузор имзо ва ба онҳо мӯҳри гаравхона гузошта мешавад.

БОБИ 3. МАҶБУРАН ГИРИФТАНИ МОЛУ МУЛКИ БАГАРАВМОНДА ВА (Ё) БАРОИ НИГАХДОШТ СУПУРДАШУДА ВА РӮЁНДАНИ ҚАРЗ АЗ МОЛУ МУЛКИ ДАРХОСТНАШУДА

Моддаи 12. Маҷбуран гирифтани молу мулки багаравмонда ва (ё) барои нигаҳдошт супурдашуда

1. Маҷбуран гирифтани молу мулки багаравмонда ва (ё) барои нигаҳдошт супурдашуда танҳо дар асоси талаботи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣкарда мешавад.

2. Дар мавриди маҷбуран гирифтани молу мулки багаравмонда ва (ё) барои нигаҳдошт супурдашуда амали шартномаи қарз ва (ё) шартномаи нигаҳдошт тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ мегардад.

3. Дар сурати ба вуҷуд омадани ҳолати пешбининамудаи қисми 2 моддаи мазкур гаравхона дар давоми се рӯзи корӣ баъд аз маҷбуран гирифтани молу мулки багаравмонда ва (ё) барои нигаҳдошт супурдашуда ӯҳдадор аст ба молгузор огоҳиномаи хаттӣ ва (ё) электронӣ фиристад. Агар дар шартномаи қарз ва (ё) нигаҳдошт тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, огоҳиномаи хаттӣ тавассути почта ҳамчун мактуби фармоишӣ бо лифофа ва зикри номгӯйи замима ба огоҳинома дар бораи супурдан фиристода мешавад. Дар огоҳиномаи хаттӣ ва (ё) электронӣ маълумоти зерин дарҷ мегардад  (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1713).

4. Молгузор аз лаҳзаи гирифтани огоҳиномаи дар қисми 3 моддаи мазкур пешбинишуда тибқи шартҳои шартномаҳои қарз ва нигаҳдошт дар рӯзи маҷбуран гирифтан ё ёфта гирифтани молу мулки багаравмонда ва (ё) барои нигаҳдошт супурдашуда ва (ё) дар рӯзи гузаштани муҳлати имтиёзноки муқаррарнамудаи моддаҳои 13 ва 14 Қонуни мазкур, дар назди гаравхона ӯҳдадор мегардад.

5. Гаравхона дар мавриди ӯҳдадориҳои тибқи талаботи қисми 3 моддаи мазкур ба зиммааш гузошташударо иҷро накардан ё номатлуб иҷро кардан, аз ҳуқуқи қонеъ кардани талаби худ нисбат ба молгузор маҳрум мешавад.

6. Агар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонидани молу мулки маҷбуран гирифташуда шарт бошад, он бояд ба молгузор баъди иҷро кардани ӯҳдадориҳои дар назди гаравхона доштааш баргардонида шавад.

7. Агар молгузор ӯҳдадориҳояшро иҷро накарда бошад ва (ё) номатлуб иҷро карда бошад, талаби гаравхона дар бораи рӯёндани қарз аз молу мулки багаравмонда ва (ё) барои нигаҳдошт супурдашуда мутобиқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби судӣ, ё бо тартиби ғайрисудӣқонеъ гардонида мешавад.

8. Гаравхона барои гум кардан ва осеб дидани молу мулки багаравмонда ва (ё) барои нигаҳдошт супурдашуда масъулият дорад, агар исбот карда натавонад, ки гум кардан ва (ё) осеб дидани он ба қувваи рафънопазир вобаста аст.

Моддаи 13. Мӯҳлати имтиёзноки шартномаи қарз

1. Агар молгузор қарзашро дар мӯҳлати муқарраргардида пардохт накарда бошад, гаравхона ҳуқуқ надорад онро дар давоми мӯҳлати имтиёзноки якмоҳа аз молу мулки багаравмонда рӯёнад.

2. Рӯзи оғози мӯҳлати имтиёзноки якмоҳа рӯзе ба шумор меравад, ки баъди рӯзи пардохти қарзи дар чиптаи гарав зикршуда фаро мерасад.

З.Дар давоми мӯҳлати имтиёзноки якмоҳа ва минбаъд то рӯзи ба фурӯш баровардани молу мулки багаравмонда, гаравхона ҳуқуқ надорад фоизи қарзи дар шартномаи қарз пешбинишударо зиёд кунад, шароити нигаҳдошти молу мулки багаравмондаро бадтар кунад, инчунин подоши нигаҳдоштро ситонад.

Моддаи 14. Мӯҳлати имтиёзноки шартномаи нигаҳдошт

1. Агар молгузор молу мулки ба нигаҳдошт супурдашударо дар мӯҳлати муқаррарнамудаи шартномаи нигаҳдошт дархост накарда бошад, гаравхона вазифадор аст онро дар давоми мӯҳлати имтиёзноки семоҳа нигаҳдошт кунад.

2. Рӯзи оғози мӯҳлати имтиёзноки семоҳа рӯзе ҳисоб меёбад, ки баъди рӯзи анҷоми мӯҳлати нигаҳдошти дар квитансияи номии нигаҳдошт зикршуда фаро мерасад.

3. Гаравхона ҳуқуқ надорад дар давоми мӯҳлати имтиёзноки семоҳа, инчунин дар мӯҳлати нигаҳдошти минбаъда то ба фурӯш баровардани молу мулки ба нигаҳдошт супурдашуда шароити нигаҳдошти онро бадтар кунад. Барои нигаҳдошти молу мулк дар муддати зикргардида подоши мутаносиб ситонида мешавад.

4. Гаравхона дар мавриди ба фуруш рафтани молу мулки дархостнашуда аз маблағи аз фурӯши он бадастомада метавонад хароҷоти нигаҳдошт ва дигар пардохтҳои марбут ба гаравхонаро пӯшонад ва ӯҳдадор аст маблағи боқимондаро ба молгузор баргардонад.

Моддаи 15. Рӯёндани қарз аз молу мулки дархостнашуда

1. Бо анҷом ёфтани мӯҳлати имтиёзноки муқаррарнамудаи моддаҳои 13 ва 14 Қонуни мазкур, ба шарте ки молгузор ӯҳдадории пешбининамудаи шартномаҳои қарз ва нигаҳдоштро дар назди гаравхона иҷро накарда бошад ва (ё) молу мулки барои нигаҳдошт супурдаашро дархост накарда бошад, ин гуна молу мулк дархостнашуда ҳисоб меёбад.

2. Гаравхона ҳуқуқ дорад қарзи додашударо аз ҳисоби молу мулки дархостнашуда рӯёнад.

3. Қарз аз молу мулки дархостнашуда дар асоси навиштаҷоти иҷроияи нотариус рӯёнда мешавад. Дар шартномаи қарз имконияти аз молу мулки дархостнашуда бе навиштаҷоти иҷроияи нотариус рӯёндани қарзро пешбинӣ кардан мумкин аст.

4. Молгузор ҳуқуқ дорад ҳар вақт пеш аз ба фурӯш баровардани молу мулки дархостнашудааш ӯҳдадориҳояшро дар назди гаравхона, ки мутобиқи муқарарроти Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудаанд, иҷро карда, аз молу мулки ӯ рӯёндани қарзро қатъ гардонад.

Моддаи 16. Фурӯши молу мулки дархостнашуда

1. Фурӯши молу мулки дархостнашудаи молгузор мутобиқи шартҳои шартномаҳои қарз ва (ё) нигаҳдошт дар рӯзи ба фурӯш баровардани молу мулк амалӣ карда мешавад.

2. Молу мулки дархостнашудае, ки аз он маблағи қарз рӯёнда мешавад, бо роҳи фурӯши он, аз ҷумла савдои умумӣ сурат мегирад. Савдои умумӣ оид ба фурӯши молу мулки дархостнашуда дар шакли музоядаи ошкоро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

3. Пас аз фурӯши молу мулки дархостнашуда талаботи гаравхона ба молгузор, новобаста ба нокифоягии маблағи фурӯши молу мулки дархостнашуда барои пардохти қарз, қонеъгардида ҳисоб меёбад.

БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 17. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣбарои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 18. Тартиби мавриди амал қарор додани

Қонуни мазкур Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

 22 июли соли 2013 №992

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гаравхона (ломбард)"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гаравхона (ломбард)" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Ш. Зуҳуров

ш. Душанбе, 27 феврали соли 2013 № 1090

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гаравхона (ломбард)"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гаравхона (ломбард)"- ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гаравхона (ломбард)" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон              М. Убайдуллоев

ш. Душанбе, 4 июли соли 2013 № 525

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Сшб, 15/09/2020 - 10:25
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
722
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
28.06.2011
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2011, №6, мод.435; с.2014, №7, қ.2, мод.409, мод.410; с.2018, №7-8, мод.531; с.2019, №7, мод.474)
(Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 11121113, аз 3.08.2018 № 1548, аз 19.07.2019 № 1645, аз 07.08.2020 № 1721, аз 13.11.2023 № 2003)
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мақоми ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон
1. Бонки миллии Тоҷикистон бонки марказии эмиссионӣ ва захиравии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва дар назди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда аст.
2. Бонки миллии Тоҷикистон шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ мебошад.
3. Маҳалли воқеъ гардидани Бонки миллии Тоҷикистон шаҳри Душанбе мебошад.
4. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад бо салоҳдиди худ дар мамлакат ва хориҷ аз он шӯъбаҳо ва намояндагиҳояшро кушояд.
5. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи уҳдадориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ба истиснои уҳдадориҳое, ки бо розигии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудаанд, масъулият надорад, Бонки миллии Тоҷикистон низ аз рӯи уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бе розигии Бонки миллии Тоҷикистон қабул шудаанд, масъулият надорад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- ташкилотҳои қарзии молиявӣ - ташкилотҳои қарзӣ ва ташкилотҳои қарзии исломӣ, ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти дар қонун пешбинишударо амалӣ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- ташкилотҳои ғайриқарзии молиявӣ - шахсони ҳуқуқие, ки ташкилотҳои қарзӣ (ташкилотҳои қарзии исломӣ) нестанд ва дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо амалӣ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- ташкилотҳои қарзӣ - шахсони ҳуқуқие (бонкҳо, ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ, аз ҷумла (ташкилотҳои маблағгузории хурд), ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳама ё баъзе аз амалиёти бонкии дар қонун пешбинишударо иҷро менамоянд;
- бонк - ташкилоти қарзие, ки мақсади асосиаш гирифтани фоида буда, дорои сармояи оинномавии барои он муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистон ва ҳуқуқи иҷрои на камтар аз се амалиёти зерин: ҷалби амонат ва пасандозҳо, додани қарз, кушодан ва пешбурди суратҳисобҳои бонкӣ мебошад;
- ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ - ташкилотҳои қарзие, ки ҳуқуқи иҷрои баъзе аз амалиёти бонкиро доранд. Номгӯи амалиёти бонкиро барои ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар менамояд;
- ташкилотҳои қарзии исломӣ - шахсони ҳуқуқие (бонкҳои исломӣ, ташкилотҳои қарзии ғайрибонкии исломӣ, ташкилотҳои маблағгузории хурди исломӣ, аз ҷумла "равзанаи бонкии исломӣ"), ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳама ё баъзе аз амалиёти бонкии исломии дар қонун пешбинишударо иҷро менамоянд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- қурби расмии асъор - қурби асъор, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар кардааст;
- тавозуни пардохт - ҳисоботи оморие, ки амалиёти дар муддати муайян анҷомдодаи байни резидентҳо ва ғайрирезидентҳоро ҷамъбаст менамояд;
- меъёри бозтамвил - меъёри ҳадди ақалли фоизе, ки аз рӯи он Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилотҳои қарзӣ, қарз медиҳад ё меъёри даромаде, ки тибқи он Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилотҳои қарзии исломӣ қарз медиҳад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- бонки мутавассит - бонке, ки барои қабули дороиҳо, уҳдадориҳо ва ё иҷрои вазифаҳои ташкилоти қарзии молиявӣ, ки таҳти маъмурияти муваққатӣ қарор дорад, таъсис дода шуда, амалиёти ҷудогонаи бонкиро анҷом медиҳад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003);
- ташкилоти идоракунии дороиҳо - шахси ҳуқуқие, ки барои қабул, харид, идоракунӣ ва ё бегонакунии дороиҳо ва ё уҳдадориҳои ғайриамонатии (ғайрипасандозии) ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта, таъсис дода шудааст (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003);
- амалиёти бонкӣ - амалиёте, ки ташкилотҳои қарзии молиявӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- қарз - маблағе, ки аз ҷониби ташкилоти қарзӣ ба қарзгир бо шартҳои пардохти фоиз ва баргардонидан ба муҳлати муайян дода шудааст ва ё маблағе, ки аз ҷониби ташкилоти қарзии исломӣ ба муштарӣ мутобиқи принсипҳои маблағгузории исломӣ дода шуда, метавонад шартҳои пардохти маблағи асосӣ, фоида, иҷора ё ҳаққи хизматрасониро дар бар гирад ё бидуни он (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003);
- амонат - маблағ ва сарвати дигари шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба ташкилоти қарзӣ барои нигаҳдорӣ супурда шудаанд;
- пасандоз - маблағе, ки ҳуқуқи истифодаи муваққатиашон ба ташкилотҳои қарзӣ бо шарти пардохти фоизи муайян вогузор шудааст ва ё маблағи пулию сарватҳои дигари шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки барои нигоҳ доштан ба ташкилоти қарзии исломӣ бо шарти пардохти пурра бо фоида ё бидуни он, ба соҳиби амонат ё намояндаи ӯ, бо дархост ё ба муҳлатҳои мувофиқашуда бо риояи принсипҳои маблағгузории исломӣ дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003);
- пули миллӣ - сомонӣ аст, ки як воҳиди он ба 100 дирам баробар аст;
- фоидаи воқеии Бонки миллии Тоҷикистон - фоидае, ки бо роҳи ба суратҳисоби Бонки миллии Тоҷикистон ворид шудани маблағ ба даст омадааст;
- асъор - пули миллии мамлакатҳои хориҷӣ;
- бозтамвил - додани қарз аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ, баҳисобгирӣ ва азнавбаҳисобгирии коғазҳои қиматнок, ки тибқи Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- низоми пардохтӣ - маҷмӯи ташкилотҳое, ки бо мақсади интиқоли маблағ мутобиқи қоидаҳои низоми пардохтӣ якҷоя амал менамоянд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- хизматрасонии пардохтӣ - қабул ва додани маблағҳои нақд, ҳисоббаробаркунӣ ва интиқоли маблағҳо, аз ҷумла интиқоли маблағҳои электронӣ, барориш ва ё хизматрасонии воситаҳои пардохт ва хизматрасонии қабули пардохтҳо (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- низоми клиринг - низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва байнибонкӣ, ки ба талабот ва ҳисоби уҳдадориҳои пардохти мутақобилаи пули асос ёфтааст (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
- низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои дигари қарзии молиявии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- низоми пулӣ - тартиби ба қонунҳо асосёфтаи ташаккул ва танзими муомилоти пул;
- меъёрҳои мақбул - меъёрҳои иқтисодие, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ муқаррар гардида, риояи онҳо аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ҳатмӣ мебошад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- мавқеи сармоягузориҳои байналмилалӣ - ҳисоботи оморие, ки дар муддати муайяни вақт арзиши дороиҳои молиявии резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро, аз ҷумла дар шакли талабот ба ғайрирезидентҳо ва уҳдадориҳои резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар назди ғайрирезидентҳо инъикос менамояд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003);
- қарзи маҷмӯии беруна - маблағи пардохтнашудаи уҳдадориҳои маҷмӯии воқеии ҷории ғайришартии резидентҳо дар назди ғайрирезидентҳо мебошад, ки пардохти фоиз ва ё қарзи асосиро дар оянда талаб мекунад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003);
- сиёсати пулию қарзӣ (монетарӣ) - яке аз бахшҳои асосии сиёсати макроиқтисодии давлат ба ҳисоб рафта, баҳри ноил шудан ба мақсади асосии Бонки миллии Тоҷикистон тавассути истифодаи воситаҳои сиёсати пулию қарзӣ (монетарӣ) татбиқ карда мешавад;
- коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон - яке аз воситаҳои сиёсати пулию қарзӣ (монетарӣ), ки бо мақсади танзими ҳаҷми пул дар иқтисодиёт ва идоракунии сатҳи пардохтпазирии кутоҳмуддати ташкилотҳои қарзии молиявӣ бо пули миллӣ тавассути сабт дар суратҳисобҳои алоҳидаи амонатнигоҳдорандаи Бонки миллии Тоҷикистон бароварда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
 
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548). 
Моддаи 4. Муносибати Бонки миллии Тоҷикистон бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон дар назди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошад, ки он чунин амалӣ карда мешавад:
- Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ӯ тасдиқ мекунад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
- Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкати дигари аудиториро барои гузаронидани аудита берунии Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқи моддаи 82 Қонуни мазкур дар сурати норозӣ будан аз натиҷаи аудита беруние, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон гузаронида шудааст, муайян мекунад;
- Бонки миллии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи солона ва хулосаи аудиторӣ ба ҳисоботи молиявии Бонки миллии Тоҷикистонро пешниҳод менамояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
- Бонки миллии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот оид ба самтҳои асосии сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳисоботро оид ба иҷрои он пешниҳод мекунад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
Моддаи 5. Мақсадҳои Бонки миллии Тоҷикистон
1. Мақсади асосии Бонки миллии Тоҷикистон ноил шудан, нигоҳ доштани сатҳи мӯътадили нархҳои дохилӣ дар давраи дарозмуҳлат мебошад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
2. Мақсадҳои иловагии Бонки миллии Тоҷикистон, ки бо дарназардошти бартарияти мақсади асосии он амалӣ карда мешаванд, инҳоянд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003):
- таъмини устувории низоми бонкии давлат;
- мусоидат ба фаъолияти самаранок ва мунтазами низоми пардохт.
3. Гирифтани фоида мақсади асосии Бонки миллии Тоҷикистон намебошад.
Моддаи 6. Вазифаҳои Бонки миллии Тоҷикистон
1. Вазифаҳои асосии Бонки миллии Тоҷикистон:
- таҳия ва амалӣ намудани сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳияи сиёсати макропруденсиалӣ ва назорати иҷрои он;
- таҳияи тавозуни пардохт, мавқеи сармоягузориҳои байналмилалӣ ва қарзи маҷмӯии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳлили иқтисодӣ ва пулӣ ва дар асоси он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани таклифҳо, инчунин ба маълумоти ҷомеа расондани натиҷаҳои таҳлил;
- танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ мутобиқи Қонуни мазкур ва қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- батанзимдарории ташкилотҳои қарзии молиявӣ мутобиқи Қонуни мазкур ва қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои ғайриқарзии молиявӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- амалигардонии фаъолият ба сифати қарздеҳи сатҳи охирин барои ташкилотҳои қарзии молиявӣ;
- ташкил ва таъмини фаъолияти низомҳои пардохтӣ, клиринг ва ҳисоббаробаркунӣ, танзиму назорати фаъолияти низомҳои мазкур ва хизматрасониҳои пардохтӣ;
- ба таври монополӣ амалӣ намудани эмиссияи пули нақд, ба муомилот баровардан ва аз муомилот гирифтани пул;
- нигаҳдорӣ ва идораи захираҳои байналмилалӣ;
- фароҳам овардани шароити зарурӣ бо мақсади аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва ташкилотҳои ғайриқарзии молиявӣ амалӣ гардидани озмоиши пешниҳоди хизматрасониҳо бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ дар доираи таъсис ва татбиқи (гузаронидани) реҷаи махсуси танзим (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
- иҷрои амалиёти бонкӣ;
- ташкили шароити мусоид барои ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ ва ташкилотҳои ғайриқарзии молиявӣ;
- аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зимма гирифтани уҳдадориҳо ва иҷрои амалиёте, ки аз иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ бармеоянд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003);
2. Бонки миллии Тоҷикистон барои амалӣ намудани мақсадҳои худ вазифаҳои дигари ба зиммааш гузоштаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро менамояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
3. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад бо мақсади мубориза бар зидди қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом мутобиқи қонун чораҳои зарурӣ андешад ва вобаста ба он фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявиро танзим ва назорат намояд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 07.08.2020 № 1721).
Моддаи 7. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон
1. Бонки миллии Тоҷикистон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" дар доираи салоҳияташ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул менамояд.
2. Нисбат ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят кардан мумкин аст.
Моддаи 8. Ташкили фаъолият ва молу мулки Бонки миллии Тоҷикистон
1. Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти худро мустақилона ташкил ва амалӣ менамояд. Дахолати мақомоти давлатӣ дар ташкили фаъолияти он манъ аст.
2. Бонки миллии Тоҷикистон дорои маблағ, биноҳо, иншоот, таҷҳизот, сарватҳои дигар буда, метавонад воситаҳои асосии аз истифода баровардашударо аз тавозунаш хориҷ намояд ва ба шахсони дигар ройгон диҳад ё фурӯшад. Бо мақсади иҷрои вазифаҳои худ ташкилотҳои дорои ҳуқуқи шахси ҳуқуқӣ таъсис диҳад, биноҳо, иншоот ё молу мулки дигарро харида гирад ба шарте, ки чунин молу мулк барои таъмини фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон зарур бошад.
3. Давлат ҳимояи ҳуқуқи молу мулки қонунии Бонки миллии Тоҷикистонро кафолат медиҳад ва наметавонад молу мулк, фондҳо, маблағи онро мусодира намояд ё сармояи оинномавиашро кам кунад.
4. Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти фаъолияти худ, инчунин нигаҳдории молу мулку дороиҳо ва ҳифзи кормандонаш ҳуқуқ дорад хадамоти махсуси амниятӣ ва посбониро таъсис диҳад ва ҳамчунин тибқи қонун силоҳ ва воситаҳои махсуси ҳимоявӣ харидорӣ карда, нигаҳ дорад ва истифода барад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
Моддаи 9. Ҳамкории байналмилалии Бонки миллии Тоҷикистон
1. Бонки миллии Тоҷикистон дар маҷлисҳои машваратии байниҳукуматӣ, дар шӯроҳо ва ташкилотҳо дар бораи масъалаҳои сиёсат оид ба пул, додани иҷозатнома барои амалиёти бонкӣ, доир ба масъалаҳои назорати бонкӣ ва масъалаҳои дигар, ки аз салоҳияти онҳо мебошад, Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад.
2. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ба муассисаҳои хориҷӣ, ҳукуматӣ, молиявӣ ва бонкӣ, инчунин ташкилотҳои байналмилалӣ, ки дар онҳо Бонки миллии Тоҷикистон ё Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунад, хизматҳои бонкӣ расонад.
3. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад дар ташкилотҳои байналмилалӣ, ки мақсадашон бо роҳи ҳамкории байналмилалӣ ба даст овардани суботи молиявӣ ва иқтисодӣ мебошад, иштирок намояд.
4. Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ ба сифати намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба зиммаи худ уҳдадориҳоеро гирад, ки амалиёт ва иҷрои он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилалӣ вобаста мебошад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
БОБИ 2. САРМОЯ, ФОИДА ВА ФОНДҲОИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 10. Сармояи оинномавии Бонки миллии Тоҷикистон
1. Сармояи оинномавии Бонки миллии Тоҷикистон 500,0 млн. сомониро ташкил медиҳад ва то соли 2025 давра ба давра тибқи муҳлатҳои бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон муқарраршуда пурра карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003).
2. Сармояи оинномавиро ба дигарон додан ё ба гарав мондан мумкин нест.
3. Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва бо мақсади баробар кардани фоида ва зиёни аз ҳисоби азнавбаҳодиҳии арзиши металлҳои қиматбаҳо ва асъори хориҷии бадастомада ҳисоби тавозунии захираи азнавбаҳодиҳии металлҳои қиматбаҳо ва асъори хориҷӣ кушода, пешбурди онро анҷом медиҳад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
Моддаи 11. Буҷети Бонки миллии Тоҷикистон
(Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003)
1. Ҳамаи даромад ва хароҷоти Бонки миллии Тоҷикистон дар буҷете, ки Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон  (минбаъд - Раёсат) тасдиқ кардааст, пешбинӣ мегардад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003).
2. Буҷети Бонки миллии Тоҷикистон дар давоми сол бояд таҳти назорати муҳосибӣ бошад, ки он аз тарафи аудити дохилӣ сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
Моддаи 12. Фоида ва зиёни Бонки миллии Тоҷикистон
1. Фоидаи соф ва зиёни Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи ҳисоботи молиявие, ки аз ҷониби аудити беруна аудит шудааст ва мутобиқи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ таҳия гардидааст, муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
2. Дар давоми сӣ рӯзи баъди нашри ҳисоботи молиявии аудитшуда Бонки миллии Тоҷикистон фоидаи воқеан бадастовардашуда ва татбиқшудаи худро бо тартиби зерин тақсим менамояд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548):
- ба сармояи оинномавӣ - 10 фоиз то пурра ташаккул ёфтани он;
- ба фонди захиравӣ - 100 фоизи қисми боқимондаи фоида то ба 20 фоизи уҳдадориҳои Бонки миллии Тоҷикистон баробар шудани ҷамъи сармояи оинномавӣ ва фонди захиравӣ (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003);
- ба буҷети давлатӣ - қисми боқимондаи фонда баъди тасдиқи ҳисоботи солона аз тарафи Раёсат.
3. Бонки миллии Тоҷикистон ба истиснои тақсимоти дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинишуда, ба давлат дигар намуди тақсимотро анҷом намедиҳад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
4. Зиёни Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои солҳои гузашта дар соли ҷорӣ аз ҳисоби фонди захиравӣ ва дар ҳолати нокифоя будани он аз ҳисоби сармояи оинномавӣ ҷуброн карда мешавад.
5. Дар ҳолати аз меъёр кам шудани сармояи оинномавии Бонки миллии Тоҷикистон Раиси Бонки миллии Тоҷикистон доир ба ҷуброни каср аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост пешниҳод менамояд.
6. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми се моҳи баъд аз гирифтани дархости Раиси Бонки миллии Тоҷикистон оид ба пардохти маблағи каср ё барориши ба он баробари коғазҳои қиматноки муҳлатнок бо фоизи на камтар аз меъёри бозтамвил қарори дахлдор қабул менамояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
Моддаи 13. Масунияти андозии Бонки миллии Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон супорандаи андоз аз даромад намебошад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
БОБИ 3. СИЁСАТИ ПУЛИЮ ҚАРЗӢ (МОНЕТАРӢ)
(Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003)
Моддаи 14. Сиёсати пулию қарзӣ (монетарӣ)
(Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003)
1. Бонки миллии Тоҷикистон масъули таҳия ва татбиқи сиёсати пулию қарзии (монетарии) Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
2. Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади мусоидат ба ҳамкории байниидоравӣ, аз ҷумла мубодилаи иттилоот ва баҳодиҳии вазъи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи сиёсати пулию қарзӣ (монетарӣ) таъсис медиҳад. Кумитаи сиёсати пулию қарзӣ (монетарӣ) мақоми машваратии байниидоравӣ буда, ба Раёсат тавсияҳо пешниҳод мекунад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
3. Ҳайат, вазифаҳо ва тартиби фаъолияти Кумитаи сиёсати пулию қарзӣ (монетарӣ) бо низомномаи он, ки аз ҷониби Раёсат тасдиқ карда мешавад, муайян мегардад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
4. Бо мақсади истифодаи босамари фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ ва рушди мӯътадили нишондиҳандаҳои пулӣ Бонки миллии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли оянда таҳия намуда, ҳар сол то 1 ноябр ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
5. Бонки миллии Тоҷикистон ҳар се моҳ оид ба вазъи макроиқтисодӣ ва масъалаҳои татбиқи сиёсати пулию қарзӣ (монетарӣ) дар воситаҳои ахбори омма маълумот нашр менамояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
Моддаи 15. Воситаҳои сиёсати пулию қарзӣ
1. Бонки миллии Тоҷикистон барои иҷрои вазифаҳои худ дар соҳаи сиёсати пулию қарзӣ воситаю усулҳои зеринро истифода мебарад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003):
- меъёрҳои фоизӣ аз рӯи амалиёти Бонки миллии Тоҷикистон;
- меъёрҳои захираҳои ҳатмӣ;
- амалиёт дар бозори озод;
- қарздиҳӣ ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- танзими асъор ва амалиёти асъорӣ;
- муқаррар кардани ҳудуди афзоиши ҳаҷми пул;
- маҳдудкуниҳои миқдории бевосита.
2. Бонки миллии Тоҷикистон воситаҳои сиёсати пулию қарзии (монетарии) дигарро, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар шудаанд, истифода менамояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
Моддаи 16. Муқаррар кардани меъёрҳои фоизӣ аз рӯи амалиёти Бонки миллии Тоҷикистон
(Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003)
1. Бо мақсади нигаҳдории сатҳи мӯътадили нархҳо дар давраи дарозмуҳлат Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати фоизиро барои таъсиррасонӣ ба меъёрҳои фоизи бозорӣ истифода мебарад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
2. Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ барои ҳар як намуди амалиёташ меъёри фоизро муқаррар менамояд.
Моддаи 17. Меъёрҳои захираҳои ҳатмӣ
1. Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад барои ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз рӯи пасандозҳо ва уҳдадориҳои дигари ба онҳо монанд захираҳои ҳатмӣ муқаррар намояд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003).
2. Меъёрҳои захираҳои ҳатмӣ аз тарафи Раёсат бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дар намуди фоизи муайян муқаррар карда шуда, метавонанд барои шаклҳои гуногуни ташкилотҳои қарзии молиявӣ фарқ дошта бошанд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003).
3. Дар сурати аз тарафи ташкилотҳои қарзии молиявӣ риоя нагардидани меъёрҳои захираҳои ҳатмӣ Бонки миллии Тоҷикистон маблағи камомадро аз суратҳисоби онҳо меситонад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
4. Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ташкилотҳои қарзии молиявиро барои риоя накардани меъёрҳои захираҳои ҳатмӣ тибқи Қонуни мазкур ҷарима бандад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
5. Дар сурати бозхондани иҷозатномаи ташкилоти қарзии молиявӣ барои иҷрои амалиёти бонкӣ маблағи захираҳои ҳатмии дар Бонки миллии Тоҷикистон буда барои иҷрои уҳдадориҳои ҳамин ташкилоти қарзӣ истифода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003).
Моддаи 18. Амалиёт дар бозори озод
1. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад коғазҳои қиматноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, коғазҳои қиматноки қарзии худ, инчунин дигар коғазҳои қиматноки қарзиро дар бозорҳои молиявӣ хариду фурӯш намояд.
2. Ҳудуди амалиёт дар бозори озод аз ҷониби Раёсат муқаррар карда мешавад.
3. Тартиби барориши коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон ва гузаронидани амалиёт бо онҳоро Раёсат муқаррар менамояд.
Моддаи 19. Маҳдудкунии миқдории бевосита
1. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад дар ҳолатҳои истисно бо мақсади амалӣ кардани сиёсати пулию қарзӣ маҳдудкунии миқдории бевоситаро ба кор барад.
2. Маҳдудкунии миқдории бевоситаи Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар намудани меъёри бозтамвил, маблағи умумии қарз ба иқтисодиёт, манъ ва ё маҳдуд намудани иштироки ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар амалиётҳои сиёсати пулию қарзии (монетарии) Бонки миллии Тоҷикистон, манъ ва ё маҳдуд намудани иҷрои баъзе амалиёти бонкӣ ва амалиёти дигарро аз тарафи ташкилотҳои қарзии молиявӣ ифода мекунад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
Моддаи 20. Муқаррар намудани ҳадди афзоиши ҳаҷми пул
Бонки миллии Тоҷикистон ҳадди афзоиши як ё якчанд нишондиҳандаҳои миқдори пулро мувофиқи самтҳои асосии сиёсати пулию қарзӣ муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
Моддаи 21. Амалиёти бозтамвил
1. Бо мақсади амалӣ намудани сиёсати пулӣ ва қарзӣ Бонки миллии Тоҷикистон бо шартҳое, ки давра ба давра аз тарафи Раёсат муқаррар карда мешаванд, метавонад:
1) таҳти таъмини воситаҳои зерин ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ қарзҳои кутоҳмуҳлат диҳад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003):
- коғазҳои қиматноке, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардааст;
- коғазҳои қиматноке, ки Бонки миллии Тоҷикистон баровардааст;
- векселҳои оддӣ ё интиқолии дорои ду ва зиёда паснавишт (индоссамент), ки яке аз онҳо ақаллан ба яке аз ташкилотҳои қарзии молиявӣ тааллуқ дошта, муҳлати пардохташон аз рӯзи онҳоро ба даст овардани Бонки миллии Тоҷикистон на зиёда аз даҳ моҳ мебошад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003);
- пасандоз, асъори нақди хориҷӣ, металҳои қиматбаҳо ва дороиҳои дигар дар Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ки онҳоро Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун дороиҳои бозоргир эътироф мекунад (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1113, аз 3.08.2018 № 1548);
2) баҳисобгирӣ ва азнавбаҳисобгирии коғазҳои қиматноки зерини ташкилотҳои қарзии молиявиро анҷом диҳад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548):
- коғазҳои қиматноки дар доираи эмиссияи давлатӣ баровардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- коғазҳои қиматноке, ки Бонки миллии Тоҷикистон баровардааст.
2. Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвил ва шартҳоеро, ки мувофиқи онҳо ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои гирифтани қарз ба озмун роҳ дода мешаванд, мунтазам ба маълумоти аҳли ҷомеа мерасонад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
3. Бонки миллии Тоҷикистон коғазҳои қиматнокро ба ҳисоб ё аз нав ба ҳисоб намегирад, ба шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ қарз, кафолатнома ва ё замонати бевосита ё бавосита намедиҳад, ба истиснои ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур барои ташкилотҳои қарзии молиявӣ пешбинӣ кардааст (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
4. Нисбат ба талаботи Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи баргардонидани қарзҳои додашуда муҳлати даъво татбиқ намегардад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
Моддаи 22. Қарздиҳӣ дар ҳолатҳои фавқулода
(Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003)
1. Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳолатҳои фавқулода ҳамчун қарздеҳи сатҳи охирин метавонад тибқи қарори Раёсат ба ташкилоти қарзии молиявӣ барои таъмини пардохтпазирӣ ба муҳлати то се моҳ қарз диҳад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003).
2. Қарз мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур дар асоси қоида ва шартҳои муқарраркардаи Раёсат, аз ҷумла пешниҳоди нақшаи чорабиниҳои талабнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон бо зикри тадбирҳои ислоҳие, ки ташкилоти қарзии молиявии дахлдор меандешад, дода мешавад, агар яке аз асосҳои зерин мавҷуд бошад (Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1721):
- ташкилоти қарзии молиявӣ имкониятҳои дигари қарзгирӣ надошта бошад, қобили пардохт ва дорои молу мулки муносиб барои таъмини қарз бошад;
- чунин қарз барои нигаҳдории устувории низоми молиявӣ зарур бошад ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардондани қарзро ба Бонки миллии Тоҷикистон кафолат дода бошад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
3. Ҳангоми дар муҳлати муайяншуда барнагардонидани қарз Раёсат метавонад муҳлати пардохти онро то се моҳи дигар тамдид намояд, агар ташкилоти қарзии молиявӣ дархост ва нақшаи асосноки чорабиниҳоро, ки мақомоти иҷроияаш тасдиқ намудааст, бо нишон додани шартҳои зерин пешниҳод намояд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003):
- усули баргардонидани қарз;
- чораҳои ислоҳи вазъ барои пешгирии зарурати минбаъдаи қарзгирӣ дар ҳолатҳои фавқулода (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
4. Бонки миллии Тоҷикистон тибқи Қонуни мазкур ва қонунҳои дигар нисбат ба ташкилотҳои қарзии молиявие, ки нақшаи чорабиниҳои пешбиникардаро иҷро намекунанд ё ба натиҷаҳои нақшавӣ ноил намегарданд, тадбирҳои дахлдор меандешад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
Моддаи 22(1).Танзими асъор ва амалиёти асъорӣ
(Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003)
Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф намудани фишорҳои қурбии таваррумӣ ва бо мақсади нигоҳ доштани сатҳи муътадили нархҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ танзими асъор ва амалиёти асъориро ҳамчун воситаи сиёсати пулию қарзӣ (монетарӣ) истифода менамояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
БОБИ 4. ҲАМКОРИИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН БО МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ
Моддаи 23. Принсипҳои асосии ҳамкорӣ
1. Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳое, ки қонун ба вай додааст, мустақил мебошад. Аъзои Раёсат ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон, ки барои қабул кардани қарор ваколат доранд, аз ягон шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, аз ҷумла аз мақомоти давлатӣ супориш намегиранд.
2. Ҳар гуна мудохила ба фаъолияти онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Бонки миллии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
3. Бонки миллии Тоҷикистон барои иҷрои вазифаҳои ба зимааш гузошташуда дар таҳияи сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунад. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ё бо супориши вай муовини якум ё муовини дигар дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
4. Бонки миллии Тоҷикистон ва Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз амалҳои эҳтимолии худ, ки дорои аҳамияти умумидавлатӣ мебошанд, ба якдигар ахборот медиҳанд, кори худро ҳамоҳанг месозанд, машваратҳо мегузаронанд.
5. Бонки миллии Тоҷикистон ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҷалб намудани қарзҳо аз тарафи давлат, пардохти қарзи давлатӣ бо дарназардошти таъсири он ба вазъи низоми бонкӣ ва ҳадафҳои асосии сиёсати пулию қарзии давлат машварат медиҳад.
Моддаи 24. Муносибатҳои қарзӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои фавқулодаю ғайричашмдошт ва нарасидани маблағи буҷети давлатӣ метавонад барои ҷуброни фарқи зиёни он аз Бонки миллии Тоҷикистон таҳти меъёри фоизи бозтамвил, ки дар рӯзи бастани созишнома амал мекунад, қарз гирад. Маблағи умумии қарзи барои ин мақсад гирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Бонки миллии Тоҷикистон набояд аз 10 фоизи маблағи қисми даромади умумии буҷети давлатии соли гузашта зиёд бошад. Қарзҳои гирифта дар давоми 12 моҳ пардохт карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
2. Ба Бонки миллии Тоҷикистон мустақиман харидани коғазҳои қиматноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дигар мақомоти давлатӣ дар давраи аввали барориши онҳо, инчунин дар бозори дуюмдараҷа, агар он бо мақсади сиёсати пулию қарзӣ (монетарӣ) алоқаманд набошад, манъ аст (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
Моддаи 25. Хизматрасонии қарзи давлатӣ
Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ба қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амалиёти ҷойгиронии вомбаргҳои давлатӣ, адои онҳо ва пардохти фоиз аз рӯи онҳо хизмат расонад.
Моддаи 26. Амонатҳо ва амалиёти кассавӣ
1. Бонки миллии Тоҷикистон ба сифати амонатнигоҳдорандаи давлат ба хазинадории давлатӣ ва мақомоти дигари давлатӣ хизматҳои бонкӣ мерасонад. Бонки миллии Тоҷикистон пардохтҳоро мувофиқи ҳаҷми маблағҳо дар суратҳисобҳои дахлдор амалӣ месозад.
2. Дар ҳолати зарурӣ Бонки миллии Тоҷикистон метавонад тибқи қарори Раёсат як қисми маблағи буҷети давлатиро мутобиқи шартнома бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати муайян ҳамчун пасандоз қабул намояд ва барои он фоиз пардохт кунад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
Моддаи 27. Вазифаҳои намояндаи молиявӣ
1. Бонки миллии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили хизматрасонии коғазҳои қиматноки давлатиро бо тартиби зерин ба роҳ мемонад:
- маркетинги коғазҳои қиматноки давлатӣ;
- пардохти маблағи асосии коғазҳои қиматнок, фоизҳо ва дигар подошҳои комиссионӣ;
- иҷрои дигар амалҳое, ки мувофиқи мақсаду вазифаҳои Бонки миллии Тоҷикистон мебошанд.
2. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ҳамчун намояндаи молиявӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва фондҳои ғайрибуҷетӣ барои нигоҳдории маблағи онҳо бо пули миллӣ, асъор ва коғазҳои қиматнок хизмат расонад. Тартиби хизматрасонии мазкур аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муайян ва дар асоси созишномаҳои дуҷониба амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
Моддаи 28.
хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548)
Моддаи 29. Бонки миллии Тоҷикистон - бонкдор, мушовири молиявӣ ва намоянда
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун бонкдор, мушовири молиявӣ, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дигари давлатӣ оид ба масъалаҳои низоми захира ва масъалаҳои дигар мебошад, ки бо фаъолияти бонкӣ ва фаъолияти бонкии исломӣ вобастаанд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
БОБИ 5. НИЗОМИ ПАРДОХТ
Моддаи 30. Низоми пардохт
Бонки миллии Тоҷикистон масъули ташкили низоми пардохт буда, роҳбарии ташкил ва таъмини фаъолияти самараноку боэътимоди низомҳои пардохтӣ, клиринг ва ҳисоббаробаркуниро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад. Бо ин мақсад Бонки миллии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003):
- ба ҳамкории низомҳои ҳисоббаробаркунӣ ва клиринг бо низомҳои дахлдори дигар, ки ба биржаҳо, бозорҳои коғазҳои қиматнок алоқаманданд, мусоидат менамояд;
- таҳияи усулу технологияҳои нави ҳисоббаробаркуниҳо ва интиқоли коғазҳои қиматнокро ба роҳ мемонад;
- барои ҳамкории байни иштирокчиён дар рушди низоми пардохт ва хизматрасониҳои пардохтӣ шароит фароҳам меоварад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
Моддаи 31. Ташкили ҳисоббаробаркунӣ дар байни бонкҳо
1. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҷиҳати анҷом додани пардохтҳои байнибонкӣ хизмат расонида, барои ташкили низоми клиринги байнибонкӣ ва дигар шаклҳои ҳисоббаробаркунӣ мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулкардааш мусоидат намояд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
2. Бонки миллии Тоҷикистон барои риояи муҳлати пардохтҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул аст (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
Моддаи 32. Танзим ва назорати низоми пардохтӣ
(Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548)
1. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад бо мақсади таъмини эътимоднокии низоми пардохтӣ:
1) хизматрасониеро, ки ташкилотҳои қарзии молиявӣ оид ба ҳисоббаробаркунӣ, интиқоли маблағҳо, аз ҷумла интиқоли маблағҳои электронӣ, барориш ва ё хизматрасонии воситаҳои пардохт ва хизматрасонии қабули пардохтҳо пешниҳод менамоянд, танзим ва назорат намояд;
2) низомҳои пардохтӣ, клиринг ва ҳисоббаробаркуниҳоро ташкил ва фаъолияти онҳоро таъмин намояд;
3) тартиби ташкилу фаъолияти низомҳои пардохтӣ, клиринг ва ҳисоббаробаркуниро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ муқаррар намуда, барои анҷом додани фаъолияти оператори низоми пардохтӣ иҷозатнома диҳад, инчунин бақайдгирӣ ва назорати онҳоро ба роҳ монад;
4) шаклҳои ҳисоббаробаркунии ғайринақдиро муайян кунад ва намунаҳои ҳуҷҷатҳои пардохтиро, ки барои ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд, тасдиқ намояд;
5) талаботи ҳадди ақал оид ба эътимоднокӣ ва таъмини амнияти иттилооти бонкӣ, ҳисоббаробаркуниҳои электронӣ ва интиқоли маблағҳоро муқаррар намояд.
2. Тартиби ҳисоббаробаркуниҳо бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муайян карда мешавад.Тартиби анҷом додани интиқоли фаромарзии маблағҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
3. Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад ва мониторинги амалӣ гардидани онро анҷом медиҳад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
Моддаи 33. Стандартҳои байналмилалӣ
Бонки миллии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои ваколатҳои худ оид ба ташкилу танзими низоми пардохт стандартҳои байналмилалиро истифода намуда, бо мақсади таъмини амният ва самаранокии он бо мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бонкҳои марказии (миллии) кишварҳои дигар ва ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ҳамкорӣ менамояд.
Моддаи 34. Хизматрасонӣ ба ташкилотҳои қарзӣ
Бонки миллии Тоҷикистон метавонад барои ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, суратҳисобҳо кушода, барои бақияи онҳо фоиз ё фоида диҳад ё барои хизматрасониаш ҳаққи муайян гирад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
БОБИ 6. РОБИТАҲОИ ИҚТИСОДИИ ХОРИҶӢ ВА АМАЛИЁТИ АСЪОРӢ
Моддаи 35. Ваколатҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ
Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳолатҳое, ки қонунгузорӣ ва созишномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, дар муносибат бо бонкҳои марказии (миллии) давлатҳои хориҷӣ, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ ва дигар ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ намояндаи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз номи он муомила ва додугирифт мекунад.
Моддаи 36. Бонки миллии Тоҷикистон - мақоми танзими асъор ва назорати асъор
 Бонки миллии Тоҷикистон мақоми давлатии танзими асъор ва назорати асъор буда, вазифаи худро мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор" амалӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1113).
Моддаи 37. Хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1113)
Моддаи 38. Захираҳои асъории байналмилалии давлат
1. Бонки миллии Тоҷикистон дар тавозуни худ ҳамаи захираҳои асъории байналмилалии давлатро нигоҳ медорад.
2. Дар сурати камшавии захираи асъории байналмилалии давлат ё аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон мушоҳида гардидани тамоюли камшавии он то дараҷае, ки барои гузаронидани сиёсати пулию қарзӣ ё сари вақт иҷро намудани амалиётҳои байналмилалии давлат зиён расонида метавонад, Бонки миллии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъияти ин захираҳо ва сабабҳое, ки боиси камшавии онҳо шудаанд ё шуда метавонанд, ҳисобот, инчунин оид ба ислоҳи ҳолат тавсияҳо пешниҳод мекунад.
Моддаи 39. Захираҳои байналмилалии Бонки миллии Тоҷикистон
1. Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои вазифаҳо ва уҳдадориҳои хориҷии худ ва ҳимояи сармояи оинномавиаш аз тағйирёбии қурби асъор, як қисми маблағи худро бо асъор ва дигар дороиҳои асъорӣ, ки арзиши онҳо дар бозорҳои байналмилалӣ устувор аст, нигоҳ медорад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
2. Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи шарт ва ба муҳлатҳое, ки Раёсат муқаррар мекунад, захираи байналмилалии Бонки миллии Тоҷикистонро таъсис медиҳад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
3. Захираҳои байналмилалии Бонки миллии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:
- тилло ва дигар металлҳои қиматбаҳо, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон ё аз номи вай дар дигар ташкилотҳои қарзӣ нигоҳ дошта мешаванд, аз ҷумла уҳдадориҳои шахсони дигар, ки аз тилло ва дигар металлҳои қиматбаҳо иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
- асъори мубодилаи озод, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон ё аз номи вай дар дигар ташкилотҳои қарзии молиявӣ нигоҳ дошта мешавад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- уҳдадории шахсони дигар ва пасандозҳои байнибонкии аз рӯи дархост ё дар муҳлати кӯтоҳ пардохтшаванда, ки аз асъори мубодилаи озод иборат буда, дар суратҳисобҳои Бонки миллии Тоҷикистон ё дар тавозуни бонкҳои марказии (миллии) хориҷӣ ё ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ қарор доранд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
- коғазҳои қиматноки қарзии бозоргири иборат аз асъори мубодилаи озод, ки ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, бонкҳои марказии (миллии) хориҷӣ ё ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ баровардаанд ё коғазҳои қиматноки қарзие, ки пурра бо даромад ва қарзҳои эмитент таъмин шудаанд;
- талабот ба ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, ки дар асоси амалиёти фурӯшу бозхарид ва созишнома оид ба қарз додани коғазҳои қиматноки дар сархати чоруми қисми 3 моддаи мазкур зикршуда ба миён меояд;
- ҳуқуқи махсуси қарзгирӣ, ки дар суратҳисоби Бонки миллии Тоҷикистон дар Хазинаи байналмилалии асъор мавҷуданд;
- маблағҳои асъории Бонки миллии Тоҷикистон дар Хазинаи байналмилалии асъор.
4. Бонки миллии Тоҷикистон захираҳои асъории байналмилалии худро бо дарназардошти ҳифз, таъмини пардохтпазирӣ ва даромаднокии онҳо бо тартиби зикршудаи афзалиятнокӣ идора мекунад.
Моддаи 40. Амалиёт бо асъори хориҷӣ
Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати қурбии асъорро муайян ва амалӣ намуда, ҳуқуқ дорад:
- ҳар гуна амалиётро бо асъори хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он ки онҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар таҷрибаи бонкии байналмилалӣ қабулшуда мувофиқ мебошанд, иҷро намояд;
- векселҳои хазинавӣ ва дигар коғазҳои қиматноки аз тарафи давлатҳои хориҷӣ ё ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ баровардашуда ва кафолат додашударо харад ва фурӯшад, инчунин аҳдҳои дигарро, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд ва дар таҷрибаи бонкии байналмилалӣ қабул карда шудаанд, имзо намояд;
- дар бонкҳои марказӣ (миллӣ) ва ташкилотҳои молиявии давлатҳои дигар ҳисобҳо кушояд;
- барои бонкҳои хориҷӣ, бонкҳои марказӣ (миллӣ) ва ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ суратҳисобҳо кушода, инчунин манфиати онҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя кунад.
Моддаи 41. Фоида ва зиёни асъорӣ
(Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003)
1. Фоида ё зиёни асъории татбиқнашуда, ки ба тағйирёбии баҳои дороиҳо ва уҳдадориҳо дар шакли металлҳои қиматбаҳо алоқаманд буда, вобаста ба тағйирёбии нарх ва қурби мубодилавии асъори ин дороиҳо ва уҳдадориҳо нисбат ба пули миллӣ ба вуҷуд омадааст, дар ҳисоби тавозунии махсус (захираи азнавбаҳодиҳии металлҳои қиматбаҳо)-и қисми сармояи ҳисобот оид ба ҳолати молиявии Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳисоб гирифта мешавад ва ба даромад ва хароҷоти давраи ҳисоботӣ дохил карда намешавад.
2. Фоида ё зиёни асъории татбиқшуда, ки ба тағйирёбии баҳои дороиҳо ва уҳдадориҳо дар шакли металлҳои қиматбаҳо алоқаманд буда, вобаста ба тағйирёбии нарх ва қурби мубодилавии асъори ин дороиҳо ва уҳдадориҳо нисбат ба пули миллӣ ба вуҷуд омадааст, ба даромад ё хароҷоти давраи ҳисоботӣ дохил карда мешавад.
3. Фоида ё зиёни асъории татбиқшуда ва татбиқнашуда, ки ба тағйирёбии баҳои дороиҳо ва уҳдадориҳо бо асъори хориҷӣ ва ҳуқуқҳои махсуси қарзгирӣ алоқаманд буда, вобаста ба тағйирёбии қурби мубодилавии ин дороиҳо ва уҳдадориҳо нисбат ба пули миллӣ ба вуҷуд омадааст, дар охири соли молиявӣ тибқи стандартҳои байналмилалӣ ба даромад ё хароҷоти давраи ҳисоботӣ дохил карда мешавад.
4. Фоида ва зиёни асъории дар қисмҳои 1-3 моддаи мазкур пешбинигардида ба буҷети Бонки миллии Тоҷикистон дохил карда намешаванд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
БОБИ 7. ТАНЗИМУ НАЗОРАТ ВА БАТАНЗИМДАРОРИИ ТАШКИЛОТҲОИ ҚАРЗИИ МОЛИЯВӢ
(Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548)
Моддаи 42. Бонки миллии Тоҷикистон - мақоми танзиму назорат ва батанзимдарории ташкилотҳои қарзии молиявӣ
(Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548)
1. Бонки миллии Тоҷикистон дорои ҳуқуқи истисноии танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ мебошад. Бо ин мақсад Бонки миллии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548):
- ба ташкилотҳои қарзӣ иҷозатнома медиҳад, онҳоро дар феҳристи бақайдгирӣ сабт мекунад, стандартҳои назорати фаъолияти онҳоро таҳия намуда, тартиби татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тавсияҳои худро муқаррар менамояд;
- ташкилотҳои қарзии молиявиро бо қувваи кормандони худ ё мутахассисони ба ин мақсад ҷалбгардида, аз ҷумла амалиёт, феҳристҳо, ҳуҷҷатҳо ва суратҳисобҳои онҳоро санҷида, риояи талаботи Қонуни мазкур, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ", "Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ", "Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд" ва қонунҳои дигари ба фаъолияти бонкӣ дахлдоштаро мунтазам назорат менамояд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- аз ташкилотҳои қарзии молиявӣ пешниҳоди иттилооти заруриро барои танзим ва назорати фаъолияти онҳо, инчунин оид ба ислоҳи вазъи кунунии онҳо чора диданро талаб мекунад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- меъёрҳои мақбулро, ки риояи онҳо барои ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҳатмӣ мебошад, муқаррар мекунад ва аломатҳои анҷом додани амалияи носолиму хатарноки бонкиро муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- барои ба даст овардани ҳар гуна иттилоот дорои ҳуқуқи дастрасии бавосита ё бевосита, аз ҷумла фосилавӣ ба таъминоти барномавию техникӣ, инчунин низомҳои автоматонидашудаи бонкии ташкилотҳои қарзии молиявӣ мебошад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- нисбат ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар ҳолатҳои дар Қонуни мазкур пешбинишуда чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасониро татбиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- чораҳои батанзимдарории ташкилотҳои қарзии молиявиро бо мақсади ҳимояи манфиатҳои пасандоздорону қарздеҳон, таъмини суботи низоми бонкӣ ва идомаи вазифаҳои ниҳоят муҳим бо истифодаи ками маблағҳои буҷетӣ амалӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
2. Мақсади асосии танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ нигоҳдории суботи низоми бонкӣ ва низоми пардохт, ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон, қарздеҳон ва дорандагони суратҳисобҳои сармоягузорӣ мебошад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
3. Бонки миллии Тоҷикистон ба фаъолияти ҷории ташкилотҳои қарзии молиявӣ мудохила намекунад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун пешбинӣ кардааст (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
4. Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ барои ҳамаи ташкилотҳои қарзии молиявӣ тартиби ҳатмии ҳисобдорӣ, таҳия, пешниҳоди ҳисоботи молиявӣ ва маълумоти омориро муқаррар мекунад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
5. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад барои ташкилотҳои қарзии молиявӣ тартиби гузарондани амалиёти бонкӣ, ташкили низоми идоракунии хавфҳо ва назорати дохилӣ, талаботи дастрасии шахсони сеюм ба низомҳои иттилоотии ташкилотҳои қарзии молиявӣ, инчунин талабот ба таъминоти барномавию техникӣ, аз ҷумла низомҳои автоматонидашудаи бонкии ташкилотҳои қарзии молиявиро бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ муқаррар намояд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003).
6. Бонки миллии Тоҷикистон бо санади меъёрии ҳуқуқии худ тартиб ва шартҳои таъсис ва татбиқи (гузаронидани) реҷаи махсуси танзимро муқаррар менамояд, ки дар доираи он ба ташкилоти қарзии молиявии манфиатдор ва ба талаботи нисбат ба фаъолияти он муқарраршуда ҷавобгӯ дар сатҳи баробар ваколати дар муҳити маҳдуди таҳти назорат (аз рӯи ҳудуд, аз рӯи вақт, аз рӯи миқдор ва ҳаҷми амалиёт, истифодабарандагон ва ғайра) озмоиш намудани анҷомдиҳии амалиёти бонкӣ ва аҳдҳо бо истифодаи технологияҳои инноватсионӣ пешниҳод карда мешавад.
7. Натиҷаи татбиқи реҷаи махсуси танзим барои пешниҳод ҷиҳати такмили қонунгузорӣ истифода карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
Моддаи 43. Ҳамкории иттилоотӣ
1. Бонки миллии Тоҷикистон барои таҳияи омори бонкӣ, молиявӣ ва таҳлили вазъи иқтисодӣ бо мақомоти давлатӣ дар ҷамъоварӣ ва нашри маълумоти оморӣ ва дигар маълумот ҳамкорӣ менамояд ва метавонад аз мақомоти давлатӣ иттилооти даркориро дархост ва дастрас намояд.
2. Бонки миллии Тоҷикистон маводи зеринро нашр менамояд:
- иттилооти умумии оморӣ ва таҳлилӣ дар бораи низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ҳуҷҷатҳо оид ба усулҳои ҷамъоварӣ ва пешниҳоди маълумоти оморӣ;
- маълумоти дахлдори оморӣ ва консепсияе, ки ба гузарондани таҳқиқу санҷиши берунии омории анҷомдодаи Бонки миллии Тоҷикистон имкон медиҳанд.
Моддаи 44. Пешниҳоди иттилоот
1. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад тавассути дархости хаттӣ аз ташкилотҳои қарзӣ пешниҳоди ҳама гуна иттилоот ва маълумотро дар бораи фаъолияташон, тавзеҳи онҳо ё пешбиниҳои зеринро талаб намояд:
- оид ба масъалаҳои идоракунии корпоративӣ, молиявӣ, меъёрҳои мақбул ва масъалаҳои дигари марбут ба фаъолият ва идоракунии ташкилоти қарзӣ;
- оид ба дороиҳо ва уҳдадориҳо, даромад ва хароҷот, аз ҷумла меъёри фоизии гирифташаванда ва пардохтшаванда, ҳаққи хизмати гирифташаванда ва пардохтшаванда, уҳдадориҳо ва тамоми хавфҳои ба вай таҳдидкунанда (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
- нисбати ҳар гуна шахси алоқаманди ташкилоти қарзии молиявӣ ва ё ҳар гуна шахси ҳуқуқии мутобиқи қонунгузорӣ бақайдгирифташуда, ки дар ҷамъияти холдингии ташкилоти қарзӣ нуфузи калон дорад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
2. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад иттилооти пешниҳодшударо, ки ба феҳристи иттилоот ё маълумоти махфӣ дохил намешавад, мувофиқи категорияҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва аз рӯи навъи фаъолияташон дараҷабандӣ шудаанд, пурра ё қисман нашр намояд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
3. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад шабакаи иттилоотиро барои зарурати низоми бонкӣ таъсис диҳад ва нигоҳ дорад.
4. Ташкилотҳои қарзии молиявӣ вазифадоранд, ки ҳама гуна маълумоти аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон дархостшавандаро саривақт пешниҳод намоянд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
Моддаи 45. Ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо мақомоти назоратӣ ва батанзимдарории дохилию хориҷӣ
(Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548)
Бонки миллии Тоҷикистон метавонад бо дигар бонкҳои марказии (миллии) хориҷӣ ё мақомоти назоратӣ ва батанзимдарории дохилию берунӣ шартнома баста, дар асоси он мубодилаи маълумот намояд. Мубодилаи чунин маълумот метавонад маълумоти махфиро дар бар гирад, ба шарте ки шартномаи басташуда махфиятро талаб кунад ва Бонки миллии Тоҷикистон боварӣ дошта бошад, ки барои таъмини махфияти чунин маълумот чораҳои оқилона андешида шудаанд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
Моддаи 46. Меъёрҳои мақбул
Аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои ташкилотҳои қарзии молиявӣ меъёрҳои мақбул тибқи қонун  муқаррар карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
Моддаи 47. Санҷиши фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ
1. Бонки миллии Тоҷикистон назорати маҷмӯии фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявиро бо тартиби зерин анҷом медиҳад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548):
- ҳисобот, ҳуҷҷатҳо, тавзеҳот, баёнот, далелҳо ва маълумоти аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявӣ тибқи Қонуни мазкур пешниҳодшударо баррасӣ мекунад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- аз ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва ҳар гуна бонкҳои фаръӣ, ҷамъиятҳои вобастаи онҳо дар шакли хаттӣ пешниҳод ва тасдиқ намудани ҳар гуна маълумоти иловагӣ, ҳисобот, ҳуҷҷатҳо, тавзеҳот, баёнот ва ё далелҳоро талаб мекунад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- дар хусуси вазъи молиявӣ, манбаи маблағҳои пулӣ, нуфузу эътибори саҳмдорони бевосита ё бавоситаи ташкилоти қарзии молиявӣ ва оид ба шахсе, ки барои ба даҳ ва зиёда фоизи саҳмияҳои ташкилоти қарзии молиявӣ соҳиб шудан муроҷиат менамояд, маълумот талаб мекунад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- санҷиши ташкилоти қарзии молиявӣ, ҷамъиятҳои вобастаи он ва бонкҳои фаръиро тавассути корманди (кормандони) худ ё шахсоне, ки бо ин мақсад аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон таъин шудаанд, анҷом медиҳад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
2. Санҷиш баррасии фаъолияти ташкилоти қарзии молиявиро барои муайян кардани вазъи молиявии он, инчунин мувофиқати фаъолияти ташкилоти қарзии молиявӣ ба талаботи қонунҳои дигар, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, санадҳо ва сиёсати дохилии ташкилоти қарзии молиявиро дар бар мегирад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
3. Бонки миллии Тоҷикистон на камтар аз як маротиба дар як сол ҳамаи ташкилотҳои қарзии молиявиро аз санҷиш мегузаронад, ба истиснои намояндагиҳои онҳо, ташкилотҳои маблағгузории хурд ва ташкилотҳои маблағгузории хурди исломӣ, ки на камтар аз як маротиба дар ду сол санҷида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
4. Шахсони тибқи моддаи мазкур барои гузаронидани санҷиш таъиншуда, барои риояи талаботи махфияти маълумот масъул мебошанд. Кормандони роҳбарикунанда, кормандон ва намояндаи ташкилоти қарзии молиявӣ ё бонки фаръӣ ва ҷамъиятҳои вобастаи он вазифадоранд дастрасии ҳамаи утоқҳои корӣ, аз ҷумла хазинаҳо ва ганҷхонаҳо, китобҳои ҳисобдорӣ, суратҳисобҳо, ҳуҷҷатҳо, сабтҳои электрониро ба шахсони мазкур таъмин намоянд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
5. Ҳар гуна маълумот, аз ҷумла маълумоти дорои сирри бонкӣ, ки санҷишгарон талаб мекунанд, бояд аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявӣ сари вақт пешниҳод карда шавад. Кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ вазифадоранд ба гузаронидани санҷиш ҳамаҷониба мусоидат намоянд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
6. Бонки миллии Тоҷикистон Шӯрои нозирони ташкилоти қарзии молиявиро оид ба натиҷаҳои санҷиш огоҳ месозад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
7. Тартиби гузаронидани санҷиш, ҷамъбаст ва пешниҳоди натиҷаҳои он бо санадҳои меъёрии ҳукуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
8. Хориҷ карда шуд  (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
9. Хориҷ карда шуд  (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
Моддаи 48. Чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ
(Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548)
1. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ҳар гуна чораҳои фаврии ислоҳӣ ё таъсиррасонии дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинишударо татбиқ намояд, агар ба он маълум гардад, ки ташкилоти қарзии молиявӣ, кормандони роҳбарикунанда ё кормандони дигари он:
- талаботи Қонуни мазкур, қонунҳои дигар, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар ва амрномаҳои Бонки миллии Тоҷикистонро риоя накардаанд;
- ба Бонки миллии Тоҷикистон маълумоти муқарраршударо сари вақт пешниҳод накардаанд ё онро носаҳеҳу нопурра пешниҳод намудаанд;
- амалияи носолиму хатарноки бонкиро пеш мебаранд, ки ба субот ва устувории ташкилоти қарзии молиявӣ ва ё низоми бонкӣ хавф дорад ё ба манфиатҳои пасандоздорон, қарздеҳон ва дорандагони суратҳисобҳои сармоягузорӣ таҳдид менамояд;
- ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасонии низоми бонкиро риоя накардаанд.
2. Ҳангоми ҷой доштани ҳолатҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда Бонки миллии Тоҷикистон метавонад нисбат ба ташкилоти қарзии молиявӣ як ё якчанд чораҳои ислоҳӣ ё таъсиррасонии зеринро татбиқ намояд:
- ба ташкилоти қарзии молиявӣ амрнома фиристад;
- ба ташкилоти қарзии молиявӣ дастур диҳад;
- аз ташкилоти қарзии молиявӣ таҳия ва пешниҳоди нақшаи чорабиниҳоро ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳо ва ислоҳи вазъи баамаломада ё маълумотро оид ба чораҳои андешидашуда талаб намояд;
- кушодани филиал ва воҳиди дигари сохториро барои ташкилоти қарзии молиявӣ манъ намояд;
- аз ташкилоти қарзии молиявӣ боздоштани фаъолият ё бастани филиал ва ё воҳиди дигари сохтории онро талаб намояд;
- меъёрҳои фоизиро барои анҷомдиҳии баъзе амалиёти бонкӣ маҳдуд намояд;
- аз ташкилоти қарзии молиявӣ талаб кунад, ки иҷрои баъзе амалиёти бонкӣ ва ё фаъолияти муайянро бо Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқа намояд;
- аз ташкилоти қарзии молиявӣ қатъ кардани анҷомдиҳии баъзе амалиётро талаб намояд;
- тақсим ё пардохти ҳар гуна фоида ё суди саҳмияҳоро манъ намояд;
- ҳама гуна маҳдудиятро барои додани қарз муқаррар намояд;
- илова ба маблағи захираҳои ҳатмие, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд, дар муҳлат ва ба маблағи муайян зиёд кардани онҳоро аз ташкилоти қарзии молиявӣ талаб намояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
- аз ташкилоти қарзии молиявӣ тибқи шартҳои муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон гузаронидани санҷиши мавзӯии дахлдорро бо ҷалби ташкилоти аудиторӣ талаб намояд;
- аз раиси Шӯрои нозирон даъват намудани ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои нозиронро бо иштироки намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати баррасии ҳуқуқвайронкуниҳо ва андешидани чораҳои зарурӣ бо мақсади бартараф кардани онҳо талаб намояд;
- аз ташкилоти қарзии молиявӣ тибқи шартҳои муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон муваққатан ба кор қабул намудани коршиносро бо додани ваколат оид ба ҷонибдории амалҳои вобаста ба фурӯш, бегонакунӣ ё интиқоли дороиҳои ташкилоти қарзии молиявӣ, додани қарз ё сармоягузории маблағҳои ташкилоти қарзии молиявӣ, қабули ҳар гуна қарз ё уҳдадорӣ ва пардохти суди саҳмияҳо талаб намояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
- аз ташкилоти қарзии молиявӣ солимгардонии молиявӣ, аз ҷумла иҷрои як ё якчанд чораҳои нақшаи барқарорсозии фаъолиятро, ки тибқи моддаи 48(2) Қонуни мазкур омода шудааст, талаб намояд;
- аз ташкилоти қарзии молиявӣ қатъ кардани анҷомдиҳии ҳар гуна амалиётро бо шахсони вобаста талаб намояд;
- аз ташкилоти қарзии молиявӣ зиёд намудани сармояро дар муҳлати муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон талаб намояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
- ҳуқуқи овоздиҳии саҳмдорони (иштирокчиёни) дорои ҳиссаи иштироки афзалиятнокро боздорад;
- зиёд намудани музди меҳнат, пардохти мукофотпулӣ ва ҷубронпулиро ба кормандони роҳбарикунанда ё шахсони вобастаи (алоқаманди) ташкилоти қарзии молиявӣ манъ намояд;
- аз ташкилоти қарзии молиявӣ муваққатан ё пурра аз вазифа барканор кардани як ё якчанд корманди роҳбарикунанда ва ё корманди дигари масъулро талаб намояд;
- аз ташкилоти қарзии молиявӣ аз вазифа озод намудани раис ё дигар узви Шӯрои нозиронро талаб намояд;
- барои ташкилоти қарзии молиявӣ меъёрҳои мақбулро ба муҳлати то дувоздаҳ моҳ тағйир диҳад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
- иҷрои баъзе амалиёти дар иҷозатномаи ташкилоти қарзии молиявӣ муайяншударо ба муҳлати то дувоздаҳ моҳ боздорад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
- барои ташкилоти қарзии молиявӣ қабул ва интиқоли дороиҳоро маҳдуд намояд;
- мутобиқи қонун кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзии молиявиро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашад;
- ташкилоти қарзии молиявиро ба андозаи то як фоиз аз ҳадди ақали сармояи оинномавии муқарраршуда ҷарима бандад;
- ваколатҳои мақомоти идоракунии ташкилоти қарзии молиявиро боздорад;
- иҷозатномаи ташкилоти қарзии молиявиро бозхонд намуда, мутобиқи қонун раванди барҳамдиҳии онро оғоз намояд.
3. Дар ҳолати талаботи Бонки миллии Тоҷикистонро иҷро накардани ташкилоти қарзии молиявӣ, ҷаримабандӣ мутобиқи қисми 2 моддаи мазкур то бартараф кардани камбудиҳо идома меёбад.
4. Маблағи ҷарима аз суратҳисоби муросилотии (корреспондентии) дар Бонки миллии Тоҷикистон кушодаи ташкилоти қарзии молиявӣ бе супориши он ситонида мешавад. Дар сурати вуҷуд надоштани чунин суратҳисоб дар Бонки миллии Тоҷикистон, маблағи ҷарима аз ташкилоти қарзии молиявӣ тибқи қонунгузорӣ ситонида мешавад.
5. Тартиби татбиқи чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ аз ҷониби Раёсат муайян карда мешавад.
6. Бонки миллии Тоҷикистон чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонии дар моддаи мазкур пешбинишударо дар муҳлати на дертар аз шаш моҳ баъди ошкор намудани ҳуқуқвайронкунӣ татбиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
7. Татбиқи чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ, ки дар моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, масъулияти ташкилоти қарзии молиявиро тибқи дигар қонунҳо истисно намекунад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
Моддаи 48(1). Чораҳои батанзимдарории ташкилоти қарзии молиявӣ
(Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548)
1. Батанзимдарории ташкилотҳои қарзии молиявӣ бо роҳи солимгардонӣ, ки тавассути таҷдиди сохтори ташкилоти қарзии молиявӣ аз ҷониби маъмурияти муваққатӣ тибқи Қонуни мазкур анҷом дода мешавад ё барҳамдиҳии онҳо тибқи қонун амалӣ шуда метавонад.
2. Батанзимдарории ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар асоси принсипҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- зарари мутобиқи батанзимдарорӣ эътирофшударо аввалан саҳмдорони (иштирокчиёни) ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба зимма мегиранд;
- боқимонда зарари мутобиқи батанзимдарорӣ эътирофшударо, агар ҷой дошта бошад, қарздеҳон бо тартиби қонеъгардонии талаботи қарздеҳон мутобиқи қонунгузории барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба зимма мегиранд;
- зарари дар ҷараёни батанзимдарорӣ ба зиммагирифтаи саҳмдорон (иштирокчиён) ва қарздеҳон набояд аз зараре, ки онҳо ҳангоми барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзии молиявӣ мебинанд, зиёд бошад;
- талаботи муштариён ва уҳдадориҳои ҳаммонанд (якнавъ) дар асоси баробарӣ ва якхела баррасӣ мегарданд, ба истиснои ҳолатҳое, ки бо қарори Бонки миллии Тоҷикистон риоя накардани усули мазкур барои пешгирии таъсири манфии эҳтимолии батанзимдарории ташкилоти қарзии молиявӣ ба низоми бонкӣ ё барои зиёд намудани арзиши талабот ба манфиати ҳамаи пасандоздорон ва қарздеҳон дар умум, қатъиян зарур муқаррар шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
3. Барои истифодаи чораҳои батанзимдарорӣ нисбат ба ташкилоти қарзии молиявӣ, қаблан нисбат ба он татбиқ шудани чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонии дар қисми 2 моддаи 48 Қонуни мазкур пешбинишуда ҳатмӣ нест (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
Моддаи 48(2). Нақшаи барқарорсозӣ ва батанзимдарорӣ
(Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548)
1. Бонки миллии Тоҷикистон аз ташкилотҳои қарзии молиявӣ давра ба давра омода ва пешниҳод намудани нақшаи барқарорсозии фаврӣ ва мураттаби фаъолиятро бо дарназардошти ҳолатҳои (сенарияҳои) гуногуни мушкилоти молиявӣ ва ё ноустувории молиявӣ, дар алоҳидагӣ ё барои ташкилотҳои қарзии молиявие, ки аъзои гурӯҳ мебошанд, ба таври маҷмӯӣ барои мувофиқа талаб менамояд. Нақша бояд чораҳои дахлдор, тарзу захираҳои барқарорсозии фаъолияти устувор ва муътадили ташкилотҳои қарзии молиявиро пешбинӣ намояд. Ҳангоми муайян намудани камбудиҳо дар нақшаи мазкур Бонки миллии Тоҷикистон аз ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар муҳлати муқарраршуда барои мувофиқа такроран пешниҳод кардани нақшаро талаб менамояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
2. Талабот оид ба таҳияи нақшаи барқарорсозии фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявиро Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
3. Бонки миллии Тоҷикистон нақшаи батанзимдарории ташкилоти қарзии низомсози молиявиро омода намуда, дар он роҳҳои батанзимдарории ташкилоти қарзии молиявиро тарзе муайян менамояд, ки иҷрои бефосилаи вазифаҳои ниҳоят муҳим таъмин мегардад. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад барои ташкилотҳои қарзии молиявии дигар низ нақшаи батанзимдарориро омода намояд.
4. Агар Бонки миллии Тоҷикистон дар амалӣ намудани нақшаи барқарорсозӣ ва ё батанзимдарории мураттаби ташкилотҳои қарзии молиявӣ монеаҳои ҷиддиро муайян намояд, он гоҳ ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои бартараф намудани онҳо дастур медиҳад, ки иҷрои он барои ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҳатмӣ мебошад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
Моддаи 49. Маъмурияти муваққатӣ
(Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548)
1. Маъмурияти муваққатӣ идоракунии махсуси ташкилоти қарзии молиявӣ мебошад, ки он бо қарори Раёсат тибқи моддаи 50 Қонуни мазкур ба муҳлати то дувоздаҳ моҳ барои ноил шудан ба мақсадҳои батанзимдарории дар сархати ҳафтуми қисми 1 моддаи 42 Қонуни мазкур пешбинишуда ҷорӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
2. Муҳлати фаъолияти маъмурияти муваққатӣ метавонад аз ҷониби Раёсат то дувоздаҳ моҳ тамдид карда шавад ва он дар маҷмӯъ наметавонад аз ду сол зиёд бошад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
3. Қарори Раёсат дар бораи таъин намудани маъмурияти муваққатӣ ё тамдид кардани муҳлати ваколатҳои он аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар муҳлати на дертар аз панҷ рӯз аз санаи қабули он дар ду рӯзномаи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
4. Маъмурияти муваққатии ташкилоти қарзии молиявӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ карда шуда, тибқи Қонуни мазкур Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, ки ваколатҳои мудири муваққатиро барои таъмин намудани мақсадҳо ва вазифаҳои он бевосита амалӣ намояд. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад маъмурияти муваққатиро тавассути мудири муваққатие, ки бо қарори раёсат таъин шудааст ва аз номи ташкилоти қарзии молиявӣ бе ваколатнома амал мекунад, анҷом диҳад.
5. Мудири муваққатӣ аз ҳисоби кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ё мутахассисоне (коршиносоне), ки кормандони Бонки миллии Тоҷикистон нестанд, таъин карда мешавад ва:
- намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ба дастурҳои он итоат мекунад ва дар тамоми давраи иҷрои уҳдадориҳояш ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳисобот медиҳад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
- ба муқаррароти Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, дастурамалу амрномаҳои Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун роҳбари ташкилоти қарзии молиявӣ итоат менамояд. Мутахассисоне (коршиносоне), ки кормандони Бонки миллии Тоҷикистон нестанд, бояд ба талаботи тахассусии тибқи қонун нисбат ба роҳбарони ташкилотҳои қарзии молиявӣ татбиқшаванда ҷавобгӯ бошанд. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад дар ҳолатҳои зарурӣ мудири муваққатиро иваз ё аз вазифа барканор намояд.
6. Музди меҳнати ҳайати маъмурияти муваққатӣ аз тарафи ташкилоти қарзии молиявӣ пардохта мешавад. Андозаи музди меҳнати ҳайати маъмурияти муваққатиро Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар мекунад. Музди меҳнати ҳайати маъмурияти муваққатӣ пеш аз талаботи дигар нисбат ба ташкилоти қарзии молиявӣ пардохта мешавад. Дар ҳолати мавҷуд набудани маблағи зарурӣ барои пардохти музди меҳнати ҳайати маъмурияти муваққатӣ, он аз ҳисоби Бонки миллии Тоҷикистон пардохт ва аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявӣ ҷуброн карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
Моддаи 50. Асосҳо барои татбиқи чораҳои батанзимдарорӣ
(Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548)
Бонки миллии Тоҷикистон метавонад чораҳои батанзимдарорӣ, аз ҷумла ҷорӣ намудани маъмурияти муваққатиро бо салоҳдиди худ ҳангоми мавҷудияти як ё якчанд ҳолатҳои зерин татбиқ намояд:
- ташкилоти қарзии молиявӣ мунтазам уҳдадориҳои худро оид ба анҷом додани пардохтҳо иҷро намекунад ё имконияти иҷро намудани талаботи пасандоздорон ё қарздеҳони дигарро надорад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
- ташкилоти қарзии молиявӣ фаъолияти молиявӣ ва тиҷоратии ноустуворро амалӣ менамояд ва чораҳои танзимкунандаи минбаъда наметавонанд устувории молиявии ташкилоти қарзии молиявиро барқарор намоянд ё нигоҳ доранд;
- меъёри кифоятии сармояи ташкилоти қарзии молиявӣ аз 50 фоизи меъёри ҳадди ақалли бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқарраршуда кам бошад;
- имконияти саҳмдорони (иштирокчиёни) ташкилоти қарзии молиявӣ барои таъмини риояи меъёри кифоятии сармоя дар муҳлати муайяннамудаи Бонки миллии Тоҷикистон дар гумон аст (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
- ташкилоти қарзии молиявӣ барои нигоҳ доштани фаъолияти худ аз кӯмаки молиявии давлатӣ, аз ҷумла ба қарздеҳи сатҳи охирин вобаста мебошад;
- ташкилоти қарзии молиявӣ дилхоҳ меъёри мақбули тибқи қонун муқарраршударо тарзе вайрон карда бошад, ки он қобилияти фаъолият кардани ташкилоти қарзии молиявиро зери шубҳаи асоснок қарор диҳад;
- Бонки миллии Тоҷикистон далелҳои асоснок дошта бошад, ки ташкилоти қарзии молиявӣ ё роҳбарони он ба фаъолияти ҷиноятӣ машғул шудаанд, ки дар натиҷаи он манфиатҳои пасандоздоронро зери хатари ҷиддӣ мегузоранд;
- ташкилоти қарзии молиявӣ аз уҳдаи иҷрои талаботи Бонки миллии Тоҷикистон набаромада, ба иҷрои вазифаҳои назоратии он, аз ҷумла тавассути пинҳон кардан ё пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳои ҳисобдорӣ, баҳисобгирӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо барои санҷиш монеъ гардад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
- хавфнок будани фаъолияти ташкилоти қарзии молиявӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
Моддаи 51. Натиҷаҳои таъин намудани маъмурияти муваққатӣ
Баъди таъин гардидани маъмурияти муваққатӣ:
- ҳамаи ҳуқуқу ваколатҳои ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла он ҳуқуқу ваколатҳое, ки саҳмдорон, пасандоздорон ё кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзии молиявӣ доранд, боздошта шуда, ба мудири муваққатӣ дода мешаванд. Касе ҳақ надорад барои додани ҳуқуқҳо ба мудири муваққатӣ ё амалӣ намудани онҳо аз тарафи вай монеъ гардад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- ҳар гуна амал ё қароре, ки аз тарафи ташкилоти қарзии молиявии дар итоати маъмурияти муваққатӣ қарордошта ё аз номи он (ё аз тарафи саҳмдорон ё роҳбарони он) қабул мешавад, беэътибор мебошад, агар он аз тарафи мудири муваққатӣ ё таҳти роҳбарии вай қабул нашуда бошад, аз ҷумла интиқоли пул ё коғазҳои қиматнок, ки бонкҳо тавассути низоми ҳисоббаробаркунии пардохт ё низоми ҳисоббаробаркунии коғазҳои қиматнок анҷом додаанд ва онҳо қабл аз ба кор оғоз кардани маъмурияти муваққатӣ бебозхонд шудаанд;
- муҳлати муқарраркардаи қонун, шартнома ё ба таври дигар муқарраршуда, ки баъди ба охир расидани он ҳар гуна талабот ё ҳуқуқи ташкилоти қарзии молиявӣ қатъ меёбад ё пардохт карда мешавад, худ аз худ аз рӯзи сипаришавии он ба муҳлати шаш моҳ тамдид карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003).
Моддаи 52. Вазифаҳои маъмурияти муваққатӣ
Маъмурияти муваққатӣ нисбат ба ташкилоти қарзии молитявӣ фавран чораҳои зеринро меандешад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548):
- ҳамаи кӯшишҳои худро софдилона барои таъмини нигоҳдории дороиҳои ташкилоти қарзии молиявӣ ба харҷ медиҳад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- ҳисобрасии муфассали (инвентаризатсияи) дороиҳо, аз ҷумла дороиҳои воқеӣ ва уҳдадориҳои ташкилоти қарзии молиявиро оғоз менамояд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003);
- ба тамоми воҳидҳои сохтории ташкилоти қарзии молиявӣ оид ба ҷорӣ намудани маъмурияти муваққатӣ дар ташкилоти қарзии молиявӣ огоҳиномаро бо зикри санаи ба иҷрои уҳдадориҳои худ оғоз кардани маъмурияти муваққатӣ, ки он набояд аз санаи ирсоли огоҳинома пештар бошад, ирсол менамояд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003);
- тавассути рӯзномаҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни аҳолӣ, он ҷойҳое, ки воҳидҳои сохтории ташкилоти қарзии молиявӣ ҷойгиранд, оид ба оғози фаъолияти маъмурияти муваққатӣ дар ташкилоти қарзии молиявӣ эълон менамояд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- ҳамаи молу мулки воқеӣ, сабтҳо ва дигар дороиҳои ташкилоти қарзии молиявиро, аз ҷумла аз бонкҳои фаръии он бозпас мегирад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- ҳуқуқ дорад кормандони роҳбарикунанда ва кормандони дигари ташкилоти қарзии молиявиро аз вазифа барканор ва ё озод намояд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- иваз намудани ҳамаи қулфҳо, маҳдуд намудани иҷозати гирифтани калидҳои онҳо, тағйир додани рамзҳои истифодаи компютерҳо, додани рухсатномаҳои нав, бекор кардани ваколатҳои шахсоне, ки аз номи ташкилоти қарзии молиявӣ амал мекарданд, инчунин муқаррар намудани маҳдудиятҳои дигарро барои дастрасии объектҳо ва дороиҳои ташкилоти қарзии молиявӣ анҷом медиҳад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- ташкилотҳои қарзии молиявӣ, бақайдгирандагон, намояндаҳо ва агентҳо, ки ба коғазҳои қиматнок сару кор доранд, инчунин идоракунандагони дороиҳои берунии ташкилоти қарзии молиявиро дар бораи тағйир ёфтани ваколатҳои шахсоне, ки аз номи ташкилоти қарзии молиявӣ дастурҳо медоданд, огоҳ менамояд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- ҳама гуна пардохтҳоро ба моликон, саҳмдорон ва кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзии молиявӣ ба истиснои музди меҳнати онҳо бозмедорад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- дар тамоми филиалҳои ташкилоти қарзии молиявӣ намояндаҳои худро таъин менамояд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
Моддаи 53. Ҳисоботи мудири муваққатӣ
1. Мудири муваққатӣ дар давоми сӣ рӯз пас аз санаи таъин шуданаш ба Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи вазъи молиявӣ ва нақшаи солимгардонии ташкилоти қарзии молиявӣ ҳисоботи пешакӣ пешниҳод мекунад, ки иборат аз (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548):
1) ҳисоботи тавозунии ташкилоти қарзии молиявӣ, ки аз ҷониби мудири муваққатӣ таҳия гардида, дар он вазъи воқеии молиявии ташкилоти қарзӣ нишон дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
2) тавсияи андешидани яке аз чораҳои зерин нисбат ба ташкилоти қарзии молиявӣ (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548):
а) солимгардонии вазъи молиявии ташкилоти қарзии молиявӣ бо роҳи таҷдиди сохтори он ва бо истифодаи ваколатҳои дар моддаҳои 55 - 58(2) Қонуни мазкур пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
б) бозхонди иҷозатнома ва барҳамдиҳии ташкилоти қарзии молиявӣ (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
2. Бонки миллии Тоҷикистон баъди баррасии ҳисоботи мудири муваққатӣ дар муддати понздаҳ рӯз қарори дахлдор қабул мекунад.
3. Мудири муваққатӣ вазифадор аст, ки ҳар моҳ оид ба фаъолияти маъмурияти муваққатӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳисобот диҳад.
Моддаи 54. Мораторияи қонеъгардонии талаботи пасандоздорон ва иҷрои уҳдадориҳои дигари ташкилоти қарзии молиявӣ
(Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003)
1. Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи вазъи молиявии ташкилоти қарзии молиявӣ, ки дар он маъмурияти муваққатӣ ҷорӣ шудааст, метавонад пардохти маблағро аз рӯи ҳар гуна уҳдадории ташкилоти қарзии молиявӣ то як моҳ боздорад ва дар ҳолатҳои зарурӣ ин муҳлатро ба як моҳи дигар тамдид намояд, вале ин муҳлат набояд аз се моҳ зиёд бошад. Мораторияи қонеъгардонии талаботи пасандоздорон, уҳдадории ташкилоти қарзии молиявиро барои пардохти амонату пасандозҳо ба андозаи на зиёда аз маблағи ҷубронпулии бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо" муайяншуда маҳдуд наменамояд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003).
2. Дар давраи мораторияи пардохтҳо ба оғози парвандаи судӣ, идомаи парвандаҳои оғозшуда ё таъқиби судӣ барои иҷрои маҷбурӣ ё ба иҷро кардани ҳуқуқи гарав нисбат ба молу мулки ташкилоти қарзии молиявӣ роҳ дода намешавад. Дар ин давра бақайдгирии молу мулки ғайриманқули ташкилоти қарзии молиявӣ ҳамчун гарав, соҳиб шудани қарздеҳ ба ҳуқуқи қонеъгардонии афзалиятнок аз ҳисоби молу мулки ғайриманқули ташкилоти қарзии молиявӣ, ба ғайр аз ҳолатҳои мавҷуд будани санадҳои судӣ, ки қабл аз таъини маъмурияти муваққатӣ қабул шудаанд, манъ аст (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
Моддаи 54(1). Муваққатан боздоштани ҳуқуқҳои талаби баҳисобгирии тарафайн ва қатъи пеш аз муҳлат
(Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003)
Татбиқи батанзимдарорӣ ва ҷараёни амали он, барои нисбат ба ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта истифодаи ҳуқуқи талаби баҳисобгирии тарафайн, ки бо қонун ё шартнома пешбинӣ гардидааст, асос шуда наметавонад, инчунин ба ҳар гуна тарафи дигари ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта истифодаи ҳуқуқи талаби пеш аз муҳлати иҷро ё қатъ намудани шартномаро намедиҳад, агар аз рӯи чунин шартнома уҳдадориҳои асосӣ ба таври дахлдор иҷро шуда истода бошанд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003).
Моддаи 55. Амалӣ намудани нақшаи солимгардонии вазъи молиявии ташкилоти қарзии молиявӣ
1. Ҳангоми аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон қабул шудани қарор дар бораи солимгардонии вазъи молиявии ташкилоти қарзии молиявӣ бо истифода аз ваколатҳои махсус, мудири муваққатӣ метавонад таҷдиди сохтори ташкилоти қарзии молиявиро тибқи моддаҳои 56-58(2) тариқи зайл анҷом диҳад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548):
- пурра кардани сармояи ташкилоти қарзии молиявӣ (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- ҳамроҳшавӣ ё муттаҳидшавии ташкилоти қарзии молиявӣ бо дигар ташкилоти қарзӣ ё додани ҳуқуқи соҳибмулкии ташкилоти қарзии молиявӣ ба ташкилоти қарзии молиявии дигар (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
-  интиқол ё фурӯши ҳама ё як қисми дороиҳо, ҳуқуқи талаб ва ё уҳдадориҳои ғайриамонатӣ (ғайрипасандозӣ) ба ташкилоти идоракунии дороиҳо (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003);
- интиқол ё фурӯши ҳама ё як қисми дороиҳо, ҳуқуқи талаб ва ё уҳдадориҳо, аз ҷумла амонатҳои (пасандозҳои) ташкилоти қарзии молиявӣ ба ташкилотҳои қарзии молиявии дигар, аз ҷумла бонки мутавассит (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003).
2. Муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ваколатҳои назорат ё имтиёзҳои саҳмдорон (ҳукуқи афзалиятнок) харид нисбат ба барориши саҳмияҳо, талаботи аз ҷониби саҳмдорон тасдиқ шудани амалиёте, ки ба сармоя ё молу мулки ташкилоти қарзии молиявӣ таъсир мерасонад ва ғайра) ба таҷдиди сохтор, ки мутобиқи Қонуни мазкур анҷом дода мешавад, монеъ намегарданд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
3. Уҳдадориҳои ташкилоти қарзии молиявӣ, ки аз рӯи созишномаҳояш сари вақт иҷро нашудаанд ва ё бекор карда шудаанд, ҳангоми татбиқи чораҳо оид ба таҷдиди сохтор ба инобат гирифта намешаванд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003).
Моддаи 55(1). Муқаррароти махсус оид ба суботи молиявӣ
(Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548)
1. Агар Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар намояд, ки барои нигаҳдории суботи низоми молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи механизмҳои маблағгузории фавқулодаи давлатӣ зарур аст, он гоҳ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон машварат менамояд. Баъд аз машварати мазкур, дар асоси пешниҳоди Бонки миллии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад барои солимгардонии вазъи молиявии ташкилоти қарзии молиявӣ дар бораи истифодаи механизмҳои маблағгузории фавқулодаи давлатӣ ба таври фаврӣ қарор қабул намояд. Механизмҳои маблағгузории фавқулодаи давлатӣ метавонанд аз инҳо иборат бошанд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003):
а) харидории саҳмияҳои (ҳиссаи) ташкилоти қарзии молиявӣ;
б) маблағгузорӣ барои таъсиси бонки мутавассит ва ё ташкилоти идоракунии дороиҳо;
в) додани қарз ё грантҳо ба ташкилоти қарзии молиявӣ;
г) додани кафолат аз рӯи уҳдадориҳои ташкилоти қарзии молиявӣ (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
д) додани кафолат бо шартҳои муқарраркарда барои пардохти қарз ё хати қарзие, ки Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намудааст ё менамояд.
2. Баъди аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани қарор дар бораи истифодаи механизмҳои маблағгузории фавқулодаи давлатӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ваколатҳои худро ҷиҳати батанзимдарории ташкилоти қарзии молиявӣ тибқи қисми 4 моддаи 49 ва моддаи 55 Қонуни мазкур амалӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
3. Механизми маблағгузории фавқулодаи давлатии дар қисми 1 моддаи мазкур зикршуда бояд танҳо баъди аз ҳисоб хориҷ кардани арзиши дороиҳои беқурбшуда ва мутаносибан кам кардани саҳмияҳои (ҳиссаҳои) саҳмдорон (иштирокчиён), манъ кардани тақсими ҳар гуна фоида ё суди саҳмияҳо ва аз вазифа озод кардани як ё якчанд аъзои Шӯрои нозирон, раиси ташкилоти қарзии молиявӣ, муовинони ӯ, раиси Раёсат, аъзои дигари он, сармуҳосиб ва сараудитори ташкилоти қарзии молиявӣ татбиқ гардад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
Моддаи 56. Пурра кардани сармоя
Бо мақсади пурра кардани сармояи ташкилоти қарзии молиявие, ки дар он маъмурияти муваққатӣ таъин шудааст, Бонки миллии Тоҷикистон метавонад мудири муваққатиро барои андешидани чораҳои зарурӣ ё қобили қабули зерин ваколатдор намояд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548):
- аз ҳисоб хориҷ кардани арзиши дороиҳои бекурбшуда ва мутаносибан кам кардани сармояи ташкилоти қарзии молиявӣ (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- барориши саҳмияҳои иловагии навъҳои мавҷуда ё саҳмияҳои нав ё ҳар ду;
- ба саҳмияҳои оддӣ (ҳисса) табдил додани қарзи субординарӣ, ё уҳдадориҳои таъминнабудаи ташкилоти қарзии молиявӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қисми 2 моддаи 48(1) Қонуни мазкур бе розигии қарздеҳон. Уҳдадориҳои таъминнабудаи ба саҳмияҳои оддӣ (ҳисса) табдилшаванда набояд маблағи ҷуброншавандаи пасандозҳои суғурташударо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо" ва дигар уҳдадориҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон дар бар гирад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003);
- кам кардани сармояи ташкилоти қарзии молиявӣ тавассути бозхариди саҳмияҳо (ҳиссаҳо) ё беэътибор донистани саҳмияҳо (ҳиссаҳо) мутаносибан ба зарари ҳамин ташкилоти қарзии молиявӣ (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- дигар ваколатҳое, ки барои пурра кардани сармояи ташкилоти қарзии молиявӣ аз ҷониби Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
Моддаи 57. Харидан, ҳамроҳшавӣ ё муттаҳидшавӣ
Харидани ташкилоти қарзии молиявии аз тарафи маъмурияти муваққатӣ идорашаванда аз ҷониби дигар ташкилоти қарзии молиявӣ (ё ҳамроҳшавӣ, муттаҳидшавии он бо дигар ташкилоти қарзии молиявӣ) имкон дорад бо роҳи интиқол додани қисми зиёди саҳмияҳои ташкилоти қарзии молиявӣ ба дигар ташкилоти қарзии молиявӣ ба ивази саҳмияҳо ё маблағҳои пулии он ё ба ивази ҳар ду анҷом дода шавад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
Моддаи 58. Интиқол ё фурӯши дороиҳо ва уҳдадориҳо
(Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003)
1. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад мудири муваққатиро барои интиқол ё фурӯши ҳама ё як қисми дороиҳо, ҳуқуқи талаб ва ё уҳдадориҳои ташкилоти қарзии молиявие, ки таҳти идоракунии маъмурияти муваққатӣ қарор доранд, ба ташкилотҳои қарзии молиявии дигар, аз ҷумла бонки мутавассит ва ё ба ташкилоти идоракунии дороиҳо ваколатдор намояд. Интиқоли амонатҳо (пасандозҳо) ба ташкилоти идоракунии дороиҳо манъ аст (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
2. Интиқол ё фурӯши дороиҳо, ҳуқуқи талаб ва ё уҳдадориҳои ташкилоти қарзии молиявӣ тибқи қисми 1 моддаи мазкур бе тасдиқ, ҷонибдорӣ ё гирифтани розигии пешакии ҳар гуна шахси дигар, аз ҷумла саҳмдорон (иштирокчиён), пасандоздорон, қарздеҳон, дорандагони суратҳисобҳои сармоягузорӣ ва қарздорон, инчунин бе огоҳсозӣ, нашр, барасмиятдарорӣ ва пардохти хироҷ амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
3. Саҳмдорон (иштирокчиён), қарздеҳон, дорандагони суратҳисобҳои сармоягузории ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта ва ё шахсони сеюме, ки дороиҳо ва уҳдадориҳои онҳо ба ташкилоти қарзии молиявии дигар, аз ҷумла бонки мутавассит ва ташкилоти идоракунии дороиҳо, интиқол ё фурӯхта нашудаанд, ягон ҳуқуқ ба дороиҳо ва уҳдадориҳои интиқолшуда ва ҳуқуқи дахолат ба фаъолияти ин ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла бонки мутавассит ва ташкилоти идоракунии дороиҳоро надоранд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
4. Шартҳо ва тартиби интиқол ё фурӯши дороиҳо, ҳуқуқи талаб ва уҳдадориҳои ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта ба ташкилоти қарзии молиявии дигар, бонки мутавассит ё ташкилоти идоракунии дороиҳо, инчунин намуди дороиҳо ва уҳдадориҳои интиқолшаванда бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муайян шуда метавонанд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548,  аз 13.11.2023 № 2003).
Моддаи 58(1). Бонки мутавассит
(Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548)
1. Бонки мутавассит барои як ё якчанд мақсадҳои зерин таъсис дода мешавад:
- қисман ё пурра қабул намудани амонатҳо (пасандозҳо) ва ё дигар уҳдадориҳои ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
- қисман ё пурра қабул намудани дороиҳо ва ё ҳуқуқи талаби ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта;
- муваққатан иҷро кардани вазифаҳои дигар ва ё амалиётҳои бонкии ҷудогонае, ки Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқи мақсад мешуморад.
2. Бонки мутавассит фаъолияти худро, аз ҷумла анҷом додани амалиёти бонкии ҷудогонаро, дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон, ки ба муҳлати се сол дода шуда, тамдид намегардад, амалӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
3. Сармояи бонки мутавассит аз ҳисоби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаи 55(1) Қонуни мазкур, Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон ва ё дигар сармоягузорон ташкил ё пурра мегардад. Андозаи зарурии маблағи сармоя ва ё пардохтпазириро барои бонки мутавассит Раёсат муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
4. Талабот нисбат ба таъсис, иҷозатномадиҳӣ, идоракунӣ ва фаъолияти бонки мутавассит, аз ҷумла тартиби танзими он, тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон метавонад муқаррар карда шавад.
5. Бонки мутавассит бе мувофиқаи Бонки миллии Тоҷикистон наметавонад дороиҳо, ҳуқуқи талаб, уҳдадориҳо ё сармояи худро бегона намояд ва ё дар чунин аҳдҳои дигар иштирок намояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
6. Бонки миллии Тоҷикистон ҳангоми таъсиси бонки мутавассит дороиҳо, уҳдадориҳо ва ё ҳуқуқи талаби дигареро, ки аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта ба бонки мутавассит интиқол дода мешаванд, муайян менамояд. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад баъд аз таъсиси бонки мутавассит ҳуқуқи талаби дигар, дороиҳо ва ё уҳадориҳои чунин ташкилоти қарзии молиявиро, ки бояд ба бонки мутавассит интиқол дода шаванд, муайян намояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
7. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад дороиҳо, уҳдадориҳо ва ё ҳуқуқи талаби дигареро, ки аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта ба бонки мутавассит интиқол дода шуда буданд, баргардонад. Ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта ё қаблан қароргирифта уҳдадор аст дороиҳо, ҳуқуқи талаб ва уҳдадориҳоеро, ки қаблан ба бонки мутавассит интиқол шуда буданд, бо дастури Бонки миллии Тоҷикистон қабул намояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
8. Пасандозҳои суғурташуда, ки ба бонки мутавассит гузаронида мешаванд, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо" суғурташуда ҳисобида мешаванд. Бонки мутавассит баъди гирифтани иҷозатнома узви Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон ҳисобида шуда, аз пардохти ҳаққи узвият озод мебошад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
9. Қисми дороиҳо ва уҳдадориҳои ташкилоти қарзии молиявӣ, ки ба бонки мутавассит интиқол нашудаанд, дар ташкилоти қарзии молиявии мавриди барҳамдиҳии маҷбурӣ қароргиранда боқӣ мемонад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
10. Бонки мутавассит вориси ҳуқуқии ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта ё қаблан қароргирифта намебошад, ба истиснои ворисӣ аз рӯи дороиҳо ва ҳуқуқи талаби ба он интиқолшуда ва танҳо вобаста ба уҳдадориҳое, ки ба он аз ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта ё қаблан қароргирифта тибқи қонун интиқол дода шудаанд, масъулият дорад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
11. Саҳмдорони (иштирокчиёни) бонки мутавассит дар давоми фаъолияти он бояд:
- дороиҳо, ҳуқуқи талаб ва ё уҳдадориҳои бонки мутавасситро ба ташкилоти қарзии молиявии дигар фурӯшанд ва ё интиқол диҳанд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
- саҳмияҳои (ҳиссаҳои) бонки мутавасситро ба ташкилоти қарзии молиявии дигар ва ё дигар шахсон, ки мақсади табдилдиҳии бонки мутавасситро ба ташкилоти қарзии молиявӣ доранд, фурӯшанд.
12. Ҳангоми иҷро нагардидани талаботи қисми 11 моддаи мазкур, Бонки миллии Тоҷикистон бояд иҷозатномаи бонки мутавасситро барои анҷом додани фаъолияти бонкӣ то ба охир расидани муҳлати амали иҷозатномаи дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинишуда бозхонд намуда, мутобиқи қонун раванди барҳамдиҳии онро оғоз намояд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003).
Моддаи 58(2). Ташкилоти идоракунии дороиҳо
(Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548)
1. Ташкилоти идоракунии дороиҳо бо мақсади қабули дороиҳо, ҳуқуқи талаб ва ё уҳдадориҳои ғайриамонатии (ғайрипасандозии) ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаи 55(1) Қонуни мазкур таъсис дода мешавад. Ташкилоти идоракунии дороиҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад якҷоя бо сармоягузорони дигар таъсис дода шавад.
2. Ташкилоти идоракунии дороиҳо дороиҳои интиқолшударо бо мақсади то ҳадди ниҳоӣ баланд бардоштани арзиши онҳо идора менамояд.
3. Бонки миллии Тоҷикистон назорати фаъолияти ташкилотҳои идоракунии дороиҳоро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ, ки тартиби таъсис, идоракунӣ, анҷом додани фаъолият ва маблағгузории ташкилоти идоракунии дороиҳо, инчунин талаботро нисбат ба кормандони роҳбарикунанда, арзёбии дороиҳо, ҳуқуқи талаб ва уҳдадориҳои ғайриамонатие (ғайрипасандозие), ки ба онҳо гузаронида мешаванд, муқаррар менамоянд, амалӣ мекунад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
4. Ташкилоти идоракунии дороиҳо пеш аз оғози фаъолият тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон оиннома, маълумот оид ба кормандони роҳбарикунанда, музди меҳнат ва уҳдадориҳои вазифавии онҳо, инчунин стратегияи фаъолият ва сохтори хавфҳоро барои мувофиқа ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод менамояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
5. Бонки миллии Тоҷикистон андозаи ҷуброни дороиҳо, ҳуқуқи талаб ва уҳдадориҳои ба ташкилотҳои идоракунии дороиҳо додашударо, ки бояд ба фоидаи ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта пардохт карда шаванд, муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
6. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ба ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта ё қаблан қароргирифта дороиҳо, ҳуқуқи талаб ва уҳдадориҳои ғайриамонатиеро (ғайрипасандозиеро), ки ба ташкилоти идоракунии дороиҳо интиқол шуда буданд, баргардонад. Ташкилоти қарзии молиявӣ уҳдадор аст дороиҳо, ҳуқуқи талаб ва уҳдадориҳоеро, ки қаблан ба ташкилоти идоракунии дороиҳо интиқол шуда буданд, бо дастури Бонки миллии Тоҷикистон қабул намояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
7. Ташкилоти идоракунии дороиҳо вориси ҳуқуқии ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта ё қаблан қароргирифта намебошад, ба истиснои ворисӣ аз рӯи дороиҳо ва ҳуқуқи талаби бо он интиқолшуда ва танҳо вобаста ба уҳдадориҳое, ки ба он аз ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта ё қаблан қароргирифта тибқи қонун интиқол дода шудаанд, масъулият дорад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
8. Ташкилоти идоракунии дороиҳо ба муҳлати то панҷ сол таъсис дода мешавад ва тибқи дархости ҳамин ташкилот муҳлати он метавонад ба ду соли дигар аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон тамдид карда шавад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003).
Моддаи 59. Ҳимояи қарздеҳ ва тартиби пардохти ҷуброн
1. Интиқоли дороиҳо ҳангоми таҷдиди сохтор дар ҳолатҳои зерин манъ аст:
- интиқоли молу мулки таҳти гарав қарордошта (дар доираи ҳабс ё ҳуқуқи нигоҳдории ҳар гуна дорои ё молу мулк, гарави молу мулки ғайриманқул ё ҳар гуна намуди дигари ҳуқуқи гарав), агар дар баробари он уҳдадории ташкилоти қарзӣ ва манфиати ба ҳуқуқи гарав вобастаи он низ интиқол дода нашавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
- додани танҳо як қисми ҳуқуқу уҳдадориҳое, ки дар қарордод ҷиҳати ҳисоббаробаркунии талаботи мутақобила зикр шудаанд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
2. Агар мутобиқи арзёбии мустақил қарздеҳи ташкилоти қарзие, ки таҳти идоракунии маъмурияти муваққатӣ қарор дорад, бинобар таҷдиди сохтор дар ҳолати бадтар аз ҳолати барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ қарор дошта бошад, он гоҳ қарздеҳи мазкур барои гирифтани ҷубронпулӣ ва маблағе, ки қарздеҳро дар ҳолати барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ баробар мекунад, ҳуқуқ дорад.
Моддаи 60. Ваколатҳои мудири муваққатӣ
1. Мудири муваққатӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:
1) давом додани иҷрои амалиёти бонкӣ аз номи ташкилоти қарзӣ ё қатъ намудани онҳо;
2) ҷалби қарзҳо бо тартиби муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон;
3) иҷрои уҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ ё маҳдуд кардани онҳо (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
4) тағйир додани меъёрҳои фоизӣ аз рӯи уҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ то меъёрҳои дахлдори дар бозор амалкунанда (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
5) ба кор ҷалб кардани шахсони мансабдор, кормандон ва мушовирони зарурӣ;
6) қатъ намудани шартномаи кироя барои хизматрасонӣ ё шартномаи иҷора, ки ташкилоти қарзӣ иштирокчии он мебошад;
7) ифшои иттилоот дар бораи ташкилотҳои қарзӣ ва амалиёти онҳо, аз ҷумла иттилооти дорои хусусияти махфӣ бо мақсади солимгардонии вазъи молиявии ташкилоти қарзӣ;
8) хариду фурӯши мол, хизматрасонӣ ё молу мулки дигар аз номи ташкилоти қарзӣ;
9) барориши ҳама гуна воситаҳои пардохтӣ аз номи ташкилоти қарзӣ;
10) ба сифати даъвогар ва ҷавобгар баромад намудан аз номи ташкилоти қарзӣ дар суд;
11) анҷом додани амалҳои зерин дар бораи баргардонидани маблағҳои муҳлати пардохташон гузашта (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003):
а) фурӯши молу мулки ба гарав гирифташуда;
б) аз қарздорон талаб намудани пардохти қарзҳои муҳлаташон гузашта, пешниҳоди таъминот ва кафолатҳои иловагӣ (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
12) ба имзо расондани қарордод бо қарздорон дар бораи пеш аз муҳлат пардохт намудани қарз (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
13) пешниҳод намудани харидории қарзҳои пардохтанашуда ба шахсони дигар;
14) андешидани чораҳо дар бораи баргардонидани дигар қарзҳои қарздорони ташкилоти қарзӣ;
15) анҷом додани чораҳои зарурии дигар на танҳо тавассути азнавташкилдиҳии ташкилоти қарзӣ бо роҳи тағйир додани шакли ташкилию ҳукуқии он ва табдилдиҳии он ба ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ ва ё ташкилоти қарзии ғайрибонкии исломӣ (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
2. Мудири муваққатӣ ҳуқуқи боздоштан ё бекор кардани ҳар гуна қарори мақомоти идоракунии ташкилоти қарзиро, ки мухолифи манфиати муштариён ва пасандоздорон аст, дорад.
Моддаи 60(1). Кӯмак ва ҳамкорӣ бо маъмурияти муваққатӣ
(Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548)
Кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзии молиявӣ, ки аз ҷониби маъмурияти муваққатӣ муваққатан аз вазифа барканор ё озод шудаанд, дар ҳолатҳои зарурӣ уҳдадоранд ба маъмурияти муваққатӣ кӯмак расонида, бо он ҳамкорӣ намоянд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548,  аз 13.11.2023 № 2003).
Моддаи 61. Анҷоми фаъолияти маъмурияти муваққатӣ
1. Фаъолияти маъмурияти муваққатӣ баъди ба охир расидани муҳлати ваколатҳо (ё муҳлати тамдиди он) ё қабл аз ба охир расидани ин муҳлат (ё муҳлати тамдиди он) бо қарори Бонки миллии Тоҷикистон ба анҷом мерасад, агар Бонки миллии Тоҷикистон муайян кунад, ки асосҳои таъин шудани он бартараф шудаанд ё мутобиқи моддаи 53 Қонуни мазкур барқарор кардани ташкилоти қарзӣ имконнопазир аст (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
2. Баъди ба анҷом расидани фаъолияти маъмурияти муваққатӣ бинобар беҳтар гардидани вазъи молиявии ташкилоти қарзӣ:
- тамоми маҳдудиятҳое, ки нисбат ба ташкилоти қарзӣ, мақомоти идоракунӣ, кормандони роҳбарикунандаи он муқаррар шуда буданд, бекор мегарданд;
- ҳамаи тағйиру иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои таъсисӣ, мақомоти идоракунӣ ва ҳайати кормандони ташкилоти қарзӣ, ки тибқи қонун ҳангоми фаъолияти маъмурияти муваққатӣ ворид шудаанд, амал мекунанд.
Моддаи 62. Барҳам додани ташкилоти қарзӣ
Агар фаъолияти маъмурияти муваққатӣ боиси беҳтар гардидани вазъи молиявии ташкилоти қарзӣ нагардад, Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатнома барои иҷрои амалиёти бонкии онро бозхонда, ба суд бо ариза дар бораи барҳам додани ташкилоти қарзӣ тибқи қонунгузориии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат менамояд.
БОБИ 7(1). ТАНЗИМ ВА НАЗОРАТИ ТАШКИЛОТҲОИ ҒАЙРИҚАРЗИИ МОЛИЯВӢ
(Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548)
Моддаи 62(1). Вазифаҳои танзиму назоратии Бонки миллии Тоҷикистон нисбат ба ташкилотҳои ғайриқарзии молиявӣ
(Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548)
1. Бонки миллии Тоҷикистон танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои ғайриқарзии молиявиро мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти онҳоро танзим менамоянд, анҷом медиҳад.
2. Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ барои ташкилотҳои ғайриқарзии молиявӣ талаботи таъминоти барномавию техникӣ, инчунин талаботи дастрасии шахсони сеюмро ба низомҳои иттилоотии ташкилотҳои ғайриқарзии молиявӣ муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
3. Бонки миллии Тоҷикистон бо санади меъёрии ҳуқуқии худ тартиб ва шартҳои таъсис ва татбиқи (гузаронидани) реҷаи махсуси танзимро муқаррар менамояд, ки дар доираи он ба ташкилоти ғайриқарзии молиявии манфиатдор ва ба талаботи нисбат ба фаъолияти он муқарраршуда ҷавобгӯ дар сатҳи баробар ваколати дар муҳити маҳдуди таҳти назорат (аз рӯи ҳудуд, аз рӯи вақт, аз рӯи миқдор ва ҳаҷми амалиёт, истифодабарандагон ва ғайра) озмоиш намудани анҷомдиҳии хизматрасониҳо бо истифодаи технологияҳои инноватсионӣ пешниҳод карда мешавад.
4. Натиҷаи татбиқи реҷаи махсуси танзим барои пешниҳод ҷиҳати такмили қонунгузорӣ истифода карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
5. Бонки миллии Тоҷикистон ба фаъолияти ҷории ташкилотҳои ғайриқарзии молиявӣ дахолат намекунад, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003).
БОБИ 8. НИЗОМИ ПУЛӢ ВА ТАШКИЛИ МУОМИЛОТИ ПУЛӢ
Моддаи 63. Низоми пулӣ
Низоми пулии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 64. Воситаи қонунии пардохт ва эмиссияи пули миллӣ
1. Пули миллии аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон баровардашуда ва дар гардиш қарордошта воситаи ягона ва истисноии пардохти ҳар гуна уҳдадориҳои пулӣ ва ҳисоббаробаркуниҳо буда, қабули он бо арзиши номиналиаш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи тамоми пардохтҳои пулӣ ҳатмӣ мебошад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
2. Бонки миллии Тоҷикистон дорои ҳукуқи истисноии эмиссияи (барориши) пули коғазӣ (банкнота) ва танга ҳамчун воситаи қонунии пардохт дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Моддаи 65. Тавсифи пули миллӣ
Бонки миллии Тоҷикистон бо меъёрҳои худ арзиши номиналӣ, андоза, вазн, ороиш ва дигар хусусиятҳои пули коғазӣ ва тангаҳоеро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаи пардохт мебошанд, муқаррар мекунад.
Моддаи 66. Чопи пули миллӣ ва тадбирҳои таъмини амнияти он
1. Бонки миллии Тоҷикистон чопи пулҳои коғазӣ ва сикказании тангаҳоро ташкил мекунад ва барои таъмини амнияти нигоҳдории нишонаҳои пулӣ, ки ба муомилот бароварда нашудаанд, инчунин дар хусуси аз муомилот гирифтан ва нобуд кардани пулҳои коғазӣ ва тангаҳои аз муомилот гирифташуда тадбирҳо меандешад.
2. Бонки миллии Тоҷикистон тартиби муайян намудани коршоямии нишонаҳои пулӣ ва иваз намудани пулҳои коғазӣ ва тангаҳои фарсударо муқаррар мекунад. Тартиби муайянсозии коршоямии нишонаҳои пулӣ ва иваз намудани онҳо дар матбуот чоп карда мешавад.
3. Иваз намудани пули миллии дар муомилотбуда аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон сурат мегирад.
4. Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои коғазӣ ва тангаҳои фарсударо аз муомилот гирифта, нобуд мекунад ва ба ивази онҳо ба муомилот пулҳои коғазӣ ва танга мебарорад.
5. Агар ороиши пулҳои ивазшаванда ба меъёрҳои муқарраршуда мутобиқ набошад, Бонки миллии Тоҷикистон метавонад онҳоро иваз накунад.
Моддаи 67. Таъмини иқтисодиёт бо нишонаҳои пулӣ
Бонки миллии Тоҷикистон бояд ҳангоми пайдо шудани талаботи иқтисодиёт ба пул онро бо нишонаҳои пулӣ дар ҳаҷми муқарраркардаи худ таъмин намояд.
Моддаи 68. Аз муомилот баровардани нишонаҳои пулӣ
1. Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори Раёсат метавонад ҳар гуна пули коғазӣ ва тангаҳои дар муомилотбударо аз муомилот гирифта, ба ивазашон пулҳои ҳамарзиши дигари коғазӣ ва тангаҳо барорад.
2. Баъди ба охир расидани давраи ивазкунӣ, ки ба гирифтани пулҳои коғазӣ ва танга аз муомилот ва ба дигар пулҳои коғазӣ ва тангаҳо иваз намудани онҳо вобаста аст, пулҳои коғазӣ ва тангаҳои ҳамин тавр аз муомилот баровардашуда дигар воситаҳои пардохтӣ буда наметавонанд.
БОБИ 9. ҲИСОБОТДИҲӢ ВА НАЗОРАТИ МУҲОСИБӢ
Моддаи 69. Соли молиявӣ
Соли молиявии Бонки миллии Тоҷикистон аз 1 январ оғоз ёфта, 31 декабр ба охир мерасад.
Моддаи 70. Ҳисоботи солона
Баъди ба охир расидани соли молиявӣ Бонки миллии Тоҷикистон ҳисоботи солона тартиб медиҳад, ки он ҳуҷҷатҳои зеринро дар бар мегирад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003):
- ҳисоботи молиявӣ, ки аз ҳисобот оид ба ҳолати молиявӣ, ҳисобот оид ба фоида ва зиён ва дигар даромади маҷмуӣ, ҳисобот оид ба тағйирот дар сармояи худӣ, ҳисобот оид ба гардиши воситаҳои пулӣ ва тавзеҳоти ҳисоботи молиявӣ бо шарҳи муқаррароти назарраси сиёсати ҳисобдории Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар маълумоти тавзеҳотӣ иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
- шарҳи мухтасари вазъи макроиқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, арзёбии вазъият ва рушди ояндаи низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 71. Баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ
1. Пешбурд ва тартиб додани баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявии Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ анҷом дода мешаванд.
2. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад баъди анҷом ёфтани ҳар моҳи ҳисоботӣ, ҳисоботи тавозунии мухтасаршударо, ки вазъи молиявии Бонки миллии Тоҷикистонро дар рӯзи кории охирини моҳи анҷомёфта инъикос мекунад, дар сомонаи худ нашр намояд.
3. Бонки миллии Тоҷикистон ҳар се моҳ оид ба вазъи макроиқтисодӣ ва масъалаҳои татбиқи сиёсати пулию қарзӣ маълумот нашр менамояд.
Моддаи 72. Уҳдадориҳои шартӣ
(Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003)
1. Бонки миллии Тоҷикистон дорои уҳдадориҳои муайян мебошад, ки қисме аз онҳоро уҳдадориҳои шартӣ (кафолатномаҳо, маблағҳои муштариён дар суратҳисобҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва уҳдадориҳое, ки дар асоси баҳсҳои судӣ пайдо шудаанд) ташкил медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
2. Охири ҳар сол Бонки миллии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба уҳдадориҳои шартиаш иттилоъ медиҳад, агар (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003):
- маблағи уҳдадориҳои шартӣ аз панҷ фоизи дороиҳои софи он зиёд бошад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
- маблағи дар суратҳисоби Бонки миллии Тоҷикистон мавҷуда дар давоми 3 соли охир аз ҷониби муштарӣ талаб карда нашуда бошад.
3. Бо дархости Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз зарурати баррасии мукаммали уҳдадориҳои шартӣ бармеояд, Бонки миллии Тоҷикистон маълумоти иловагӣ пешниҳод менамояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
Моддаи 73. Пешниҳод ва нашри ҳисобот
Бонки миллии Тоҷикистон ҳар сол на дертар аз 1 август ҳисоботи солонаи худро бо хулосаи аудиторӣ ба ҳисоботи молиявӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда, дар воситаҳои ахбори омма нашр мекунад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003).
БОБИ 10. ИДОРАКУНИИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 74. Сохтор ва мақомоти идоракунӣ
1. Бонки миллии Тоҷикистон аз Дастгоҳи марказӣ ва шӯъбаҳои минтақавӣ иборат аст.
2. Идоракунии Бонки миллии Тоҷикистон тавассути Раёсат ва раиси Бонки миллии Тоҷикистон сурат мегирад. Раёсат мақоми олии коллегиалӣ буда, самтҳои асосии фаъолият, роҳбарӣ ва идоракунии Бонки миллии Тоҷикистонро муайян ва амалӣ шудани онҳоро назорат мекунад.
3. Раёсат аз раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовини якум ва ду муовини ӯ, панҷ аъзои мустақил иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
4. Аъзои мустақили Раёсат бо пешниҳоди дар Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқакардашудаи раис аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
5. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ӯ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда шуда, фармонҳо барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва муовини якуми ӯ аз рӯи вазифа ба ҳайати Раёсат дохил мешаванд. Номзадии ду муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон ба аъзои Раёсат бо пешниҳоди раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
6. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ӯ ва аъзои Раёсат бояд шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, Дорои таҳсилоти олии иқтисодӣ ва таҷриба дар соҳаи бонкдорӣ бошанд, доғи судӣ надошта, ба ташкилотҳои муфлисшуда роҳбарӣ накарда бошанд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
7. Маоши вазифавии раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ӯ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
8. Аъзои Раёсат ба муҳлатҳои зерин таъин карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003):
- раиси Бонки миллии Тоҷикистон - ба муҳлати ҳафт сол (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
- муовини якум ва муовинони раиси Бонки миллии Тоҷикистон - ба муҳлати панҷ сол (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
- аъзои мустақили Раёсат - ба муҳлати шаш сол (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
9. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ӯ ва аъзои дигари Раёсат метавонанд аз нав ба вазифаҳои худ таъин карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
10. Аъзои мустақили Раёсат аз ҳисоби омӯзгорони собиқаи заруридоштаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии соҳаи иқтисодӣ, муассисаҳои илмии иқтисодӣ ва ё аз ҳисоби собиқадороне, ки аз соҳаҳои иқтисод, молия, баҳисобгирии муҳосибӣ, аудит ва бонкдорӣ ба нафақа баромадаанд ва дар мақомоти давлатӣ вазифаи хизматиро ишғол наменамоянд, инчунин шахсони мансабдори ҳизбҳои сиёсӣ намебошанд, таъин карда мешаванд. Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон барои аъзои мустақил подошпулӣ муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
11. Дар сурати аз вазифа озод шудани раиси Бонки миллии Тоҷикистон ё муовини якум ва муовинони ӯ, онҳо иҷрои вазифаҳои худро то тасдиқ шудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давом медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
12. Маоши вазифавии раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ӯ, подошпулии аъзои мустақили Раёсат дар давоми муҳлати таъини онҳо кам карда намешавад ва ҳарсола дар буҷети Бонки миллии Тоҷикистон ба нақша гирифта мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
Моддаи 75. Асосҳои аз вазифа озод кардани аъзои Раёсат
1. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ӯ ва аъзои дигари Раёсат аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин аз вазифа озод карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003):
- бинобар гузаштани муҳлати ваколат (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
- иҷро карда натавонистани вазифаҳои хизматӣ бо сабаби бад шудани вазъи саломатӣ, ки бо хулосаи комиссияи тиббӣ тасдиқ шудааст;
- додани аризаи шахсӣ дар бораи истеъфо;
- нисбат ба онҳо баровардани ҳукми айбдоркунии суд ва эътибори қонунӣ пайдо кардани он;
- риоя накардани маҳдудиятҳое, ки дар Қонуни мазкур муқаррар карда шудаанд;
- суиистифода аз вазифа, яъне ба амал баровардани ҳуқуқ, ваколатҳо ва мавқеи бо вазифаи ишғолнамуда алоқаманд бархилофи манфиатҳо, мақсад ва вазифаҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва субъектҳои дигар ё дар робита ба манфиати субъектҳои алоҳида, ба зарари Бонки миллии Тоҷикистон ё субъекти дигар, ҷиҳати маҳдудкунии рақобат ва ё фароҳам овардани мавқеи ҳукмфармо ё додани афзалият ҳангоми қабули қарорҳо, инчунин бо шаклҳои дигари ба талаботи қонунгузорӣ, принсипҳои асоснокӣ ва поквиҷдонӣ мухолиф, агар ин ҳолатҳо бо далелҳои кофӣ тасдиқ карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
- иштирок накардан дар маҷлисҳои Раёсат дар муддати тӯлонӣ (зиёда аз се моҳ) бе огоҳ кардани Раёсат;
- бархӯрди манфиатҳо, ки тибқи қонунгузорӣ барои идома додани кор иҷозат намедиҳад;
- аз даст додани боварӣ ба узви Раёсат дар натиҷаи аз ҷониби ӯ содир шудани амалҳои ба мақсад ва вазифаҳои Бонки миллии Тоҷикистон мухолиф;
- бо сабаби ба кори дигар гузарондан (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
2. Раёсат дар бораи ҳамаи асосҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда, ки ба он маълум шудааст, бетаъхир ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
3. Ҷойи холӣ дар Раёсат бояд бо таъин намудани узви нав дар давоми 60 рӯзи тақвимӣ пур карда шавад.
4. Аъзои Раёсат ҳуқуқ доранд дар бораи истеъфои худ дар муддати на дертар аз се моҳ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ариза муроҷиат намоянд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
Моддаи 76. Ваколатҳои раиси Бонки миллии Тоҷикистон
1. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон:
- аз номи Бонки миллии Тоҷикистон бе ваколатнома амал мекунад ва манфиатҳои онро дар муносибат бо мақомоту ташкилотҳои давлатӣ, ташкилотҳои дигар, ташкилотҳои қарзӣ, ташкилотҳои давлатҳои хориҷӣ ва байналмилалӣ намояндагӣ мекунад, аз рӯи ҳамаи масъалаҳои фаъолияти он, ба истиснои масъалаҳое, ки ба салоҳияти Раёсат тааллуқ доранд, қарорҳо қабул мекунад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- барои таъмини иҷрои қарорҳои Раёсат масъул аст;
- ваколатҳоеро, ки Раёсат ба зиммаи ӯ вогузор намудааст, амалӣ менамояд;
- амалиёти ҳаррӯзаи Бонки миллии Тоҷикистонро назорат мекунад;
- дар ҷаласаҳои Раёсат раисӣ мекунад;
- ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, қарорҳо ва протоколҳои маҷлиси Раёсат, шартномаҳо ва қарордодҳое, ки Бонки миллии Тоҷикистон мебандад, имзо мегузорад;
- дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадориҳои мансабиро дар байни раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинон тақсим менамояд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1645);
- хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистонро ба кор қабул ва аз кор озод мекунад;
- фармонҳо мебарорад ва амрҳо медиҳад, ки иҷрои онҳо барои ҳамаи хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистон ва шӯъбаҳои он ҳатмӣ мебошад;
- барои фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон комилан масъул буда, амалӣ намудани вазифаҳои онро таъмин мекунад.
2. Дар вақти набудани раиси Бонки миллии Тоҷикистон вазифаҳои ӯро муовини якум, дар набудани муовини якум, яке аз муовинон иҷро менамояд.
Моддаи 77. Ваколатҳои Раёсат
1. Раёсат ваколатҳои зеринро дорост:
- сиёсати пулию қарзии (монетарии) давлатро таҳия ва қоидаҳои татбиқи воситаҳои сиёсати пулию қарзиро (монетариро) муқаррар менамояд(Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
- самтҳои асосии сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548, аз 13.11.2023 № 2003);
- сиёсати асъории давлатро татбиқ менамояд, аз ҷумла тартиби муқаррар намудани қурби расмии асъорро муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистонро барои истифодаи умум қабул ва тасдиқ менамояд;
- гузориш ва ҳисоботро, ки аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд, баррасӣ менамояд;
- дар бораи иштироки Бонки миллии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилалӣ қарорҳо қабул менамояд;
- арзиши номиналӣ, ороиши пулҳои коғазӣ ва тангаҳо, тартиби ба муомилот баровардани онҳо ва шарту шароити аз муомилот гирифтани онҳоро муайян мекунад;
- сиёсати идоракунии захираҳои байналмилалии Бонки миллии Тоҷикистонро муайян мекунад;
- дар бораи додани иҷозатнома ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва ташкилотҳои ғайриқарзии молиявӣ, инчунин дар бораи бозхонд, боздошт, бекор кардан ва қать намудани амали иҷозатномаи додашуда қарор қабул мекунад (Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1721);
хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- ҳисоботи солонаи Бонки миллии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад;
- дар бораи мушаххасоти баровардани уҳдадориҳои қарзии Бонки миллии Тоҷикистон қарор қабул мекунад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
- сохтори Бонки миллии Тоҷикистонро муайян мекунад, маоши вазифавии хизматчиён, талаботи тахассусиро ба онҳо ва дигар пардохтҳои иловагиро барои кормандони Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар менамояд;
- мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб ва шароити ба кор қабул намудани хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистонро муайян мекунад;
- шӯъбаҳо ва намояндагиҳои Бонки миллии Тоҷикистонро таъсис ва барҳам медиҳад;
- буҷети Бонки миллии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
- ҳар гуна айбдоркуниро оид ба суиистифода аз ваколатҳои мансабӣ ва иҷро карда натавонистани вазифаҳои аъзои Раёсатро баррасӣ намуда, дар сурати асоснок донистани онҳо, бо хулосаю тавсияҳои худ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш мефиристад;
- шартҳо ва ҳолати муфассали хизматрасонии Бонки миллии Тоҷикистонро ҳамчун бонкдор, мушовир ва намояндаи молиявии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи Қонуни мазкур муайян мекунад;
- аудитори берунии Бонки миллии Тоҷикистонро бо тавсияи кумитаи аудит таъин мекунад;
- низоми назорати дохилиро барои Бонки миллии Тоҷикистон тасдиқ мекунад;
хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548);
- масъалаҳои дигари ба фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон алоқамандро, ки мувофиқи Қонуни мазкур дар ваколатҳои раиси Бонки миллии Тоҷикистон пешбинӣ нашудаанд, баррасӣ менамояд.
2. Раёсат барои иҷрои вазифаҳои худ бо мақсади татбиқи самарабахши сиёсати пулию қарзӣ, таъмини рушди низоми бонкӣ ва устувории молиявӣ, инчунин барои назорати дохилӣ метавонад кумитаҳо таъсис дода, тартиби фаъолияти онҳоро муқаррар намояд.
Моддаи 78. Маҷлиси Раёсат
1. Маҷлиси Раёсат аз тарафи раиси Раёсат ё муовини ивазкунандаи ӯ на камтар аз як маротиба дар як моҳ даъват карда мешавад. Маҷлисҳоро бо аризаи хаттии се нафар аъзои Раёсат низ даъват кардан мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
2. Агар масъалаи барои баррасии Раёсат гузошташаванда ба манфиатҳои шахсӣ, тиҷоратӣ, молиявӣ ё дигар манфиатҳои аъзои Раёсат, аз ҷумла ба раис ё муовинони ӯ дахл дошта бошад, шахсони мазкур ба Раёсат дар бораи вуҷуд доштани чунин манфиатҳо бояд хабар диҳанд ва онҳо ҳақ надоранд дар овоздиҳӣ аз рӯи ин масъала иштирок намоянд.
3. Дар бораи даъват намудани маҷлис на дертар аз се рӯзи корӣ хабар дода мешавад, ба истиснои ҳолатҳои фавқулодае, ки дар ин сурат маҷлисҳои Раёсат фаврӣ даъват шуда метавонанд. Ба аъзои Раёсат рӯз, ҷойи гузаронидани маҷлис ва рӯзномаи он хабар дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
4. Маҷлис он гоҳ босалоҳият аст, агар дар он аз се ду ҳиссаи аъзои Раёсат, аз ҷумла раиси Раёсат ҳузур дошта бошанд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
5. Маҷлисҳои Раёсат бо қарори раис метавонад ба таври пӯшида гузаронида шаванд.
6. Ҳар як узви Раёсат, ки дар маҷлис ҳузур дорад ва дорои ҳуқуқи овоздиҳӣ мебошад, ҳуқуқи як овозро дорад, ба истиснои (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003):
- тақсими баробари овозҳо, ки дар ин ҳолат раиси маҷлис дорои овози ҳалкунанда мебошад;
- агар аъзои мустақили дар маҷлис ҳузурдошта нисбат ба аъзои аз ҳисоби роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар маҷлис ҳузурдошта бештар набошанд, ки дар ин ҳолат ҳар як узви мустақил ду овоз дорад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
7. Дар ҳолатҳои махсус, агар барои қабул намудани қарор зарурат бошад, чунин қарор ба таври пурсиш, бе даъват намудани маҷлис қабул карда мешавад.
8. Дар ҳама ҳолатҳо қарори Раёсат бо аксарияти овозҳои аъзои Раёсат, ки аз рӯи масъала ҳуқуқи овоздиҳӣ доранд, қабул карда мешавад.
9. Қарори Раёсат бо имзои раисикунандаи маҷлис бароварда мешавад.
10. Қарори Раёсат бо сабаби пурра набудани ҳайати он беэътибор дониста шуда наметавонад.
11. Дар маҷлиси Раёсат протокол тартиб дода мешавад, ки ба он раисикунандаи маҷлис ва котиби Раёсат имзо мегузоранд.
12. Тартиби омодасозии мавод ба баррасии маҷлиси Раёсат ва барасмиятдарории қарорҳои он бо Дастури Раёсат, ки аз ҷониби Раёсат тасдиқ мегардад, муқаррар карда мешавад.
БОБИ 11. КОРМАНДОНИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 79. Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон
1. Кормандони Бонки миллии Тоҷикистонро роҳбарият (раис,  муовини якум ва муовинони ӯ) ва хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистон ташкил медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
2. Шартҳои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардан, ҳуқуқ ва вазифаҳои хизматӣ, муҷозоти интизомии хизматчиён ва пардохтҳои иловагиро барои кормандони Бонки миллии Тоҷикистон Раёсат муқаррар менамояд. Корманди Бонки миллии Тоҷикистон бояд танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
3. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ӯ дар давоми як моҳи баъди ба вазифа таъин шуданашон ва аввали ҳар сол дар шакли хаттӣ ба Раёсат бо тартиби муқаррарнамудаи он дар бораи манфиатҳои бевосита ё бавоситаи тиҷоратӣ (қарзҳои бонкӣ, пасандозҳо, саҳмияҳо ва коғазҳои қиматноки дигари ташкилотҳои қарзӣ), ки молики онҳо худашон ва ё фарзандону шахсони дигаре мебошанд ва бо онҳо хоҷагии умумӣ доранд, маълумот пешниҳод менамоянд. Раёсат ин маълумотро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
4. Аъзои Раёсат ва хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистон, ки вазифаҳои рӯйхаташ аз тарафи Раёсат тасдиқшударо ишғол мекунанд, метавонанд танҳо аз Бонки миллии Тоҷикистон барои эҳтиёҷоти шахсӣ қарз гиранд. Шахсони мазкур уҳдадоранд дар бораи қарзе, ки қаблан то ба вазифаҳои ишғолкардаи худ таъин шуданашон аз ташкилотҳои қарзӣ гирифтаанд, Раёсатро огоҳ намоянд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
5. Хизматчиёни дигари Бонки миллии Тоҷикистон уҳдадоранд оид ба ҳар қарзи аз ташкилотҳои қарзӣ гирифтаашон ба Департаменти аудити дохилии Бонки миллии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
6. Раёсат тартиби додани қарзро ба кормандони Бонки миллии Тоҷикистон барои хариди манзил, пардохти хизмати тиббӣ, таҳсил ва дигар мақсадҳои оилавӣ муқаррар менамояд.
7. Раёсат метавонад андозаҳои ниҳоии қарзеро, ки кормандон аз ташкилотҳои қарзӣ мегиранд, муқаррар намояд.
8. Хизматчиёни алоҳидаи Бонки миллии Тоҷикистон, ки кори онҳо бо хавфи таҳдид ба ҳаёташон алоқаманд аст, мутобиқи номгӯи тасдиқнамудаи Раёсат бо суғуртаи ҳатмӣ фаро гирифта мешаванд.
9. Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон уҳдадоранд ҳар сол дар бораи манбаъҳои даромади иловагии худ ба Бонки миллии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд (Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1721).
10. Эъломиякунонии андоз аз даромад ва вазъи молумулкии кормандони Бонки миллии Тоҷикистон (ба истиснои ҳайати техники ва хизматрасон) бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1721).
Моддаи 79(1). Ҳимояи ҳуқуқӣ
(Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548)
1. Аъзои Раёсат, корманд, намоянда, мушовир ё машваратдеҳи берунаи Бонки миллии Тоҷикистон, агенти аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон таъиншуда, узви маъмурияти муваққатӣ, мудир, ки тибқи қонун таъин шудаанд, аз ҷумла шахсоне, ки қаблан чунин вазифаҳоро ишғол мекарданд, барои зарар ё оқибати дигар бо амал ё беамалие, ки мутобиқи вазифаю уҳдадориҳои хидматӣ ва дар рафти иҷрои онҳо аз номи Бонки миллии Тоҷикистон расонидаанд, ҷавобгар намебошанд, агар бо санади судӣ исбот нашавад, ки ин гуна амал ё беамалӣ беэҳтиётии дағалона мебошад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
2. Бонки миллии Тоҷикистон ба шахсони дар қисми 1 моддаи мазкур зикршуда, ки уҳдадориҳои вазифавии худро бовиҷдонона иҷро намудаанд, ҷуброни ҳар гуна хароҷоти марбут ба ҳимояи онҳоро аз даъвои судӣ кафолат медиҳад, ба истиснои ҳолатҳои дар содир намудани ҷиноят гунаҳкор эътироф шудани онҳо, инчунин дар сурате, ки аз болои чунин қарор дар ҳолатҳои муайян шикоят оварда шудааст. Кафолат ҷуброни ҳама гуна пардохтро аз рӯи созиши оштӣ, мутобиқи қарори суд ё ҳуҷҷати иҷро, ки нисбат ба шахсони мазкур бароварда шудааст, низ фаро мегирад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
Моддаи 80. Бархӯрди манфиатҳо
1. Аъзои Раёсат ва кормандони дигари Бонки миллии Тоҷикистон наметавонанд ягон хел манфиатҳои кориро, ки дорои хусусияти тиҷоратӣ, қарзӣ ё хусусияти дигаранд, намояндагӣ кунанд ва дар қабули қарор оид ба ин масъалаҳо иштирок намоянд, агар онҳо хилофи вазифаҳои хизматиашон бошанд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
2. Аъзои Раёсат ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон бояд аз ҳар гуна ҳолате, ки сабаби ба вуҷуд омадани бархӯрди манфиатҳо мегардад, канораҷӯӣ намоянд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
3. Роҳбарият ва хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ надоранд ба кори дигари музднок машғул шаванд, ба истиснои фаъолияти илмию эҷодӣ ва омӯзгорӣ (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
4. Аъзои Раёсат ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ надоранд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003):
- дар мақомоти давлатӣ вазифаи хизматиро ишғол намоянд, инчунин шахсони мансабдори ҳизбҳои сиёсӣ бошанд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
- узви мақоми идоракунии (назоратии) ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва ё ташкилотҳои ғайриқарзии молиявӣ бошанд (Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1721);
-  иштирокчӣ, молик ё идоракунандаи бовариноки саҳмияҳои (ҳиссаи) ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва ё ташкилотҳои ғайриқарзии молиявӣ бошанд (Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1721).
5. Ба узви Раёсат ё корманди Бонки миллии Тоҷикистон аз ягон шахс гирифтани тӯҳфа ё қарз барои худ, ки ин рафтор барои беғаразона иҷро намудани вазифаҳои ӯ дар Бонки миллии Тоҷикистон халал мерасонад, манъ аст. Риоя накардани тартиби мазкур аз тарафи аъзои Раёсат ё хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистон вайронкунии ҷиддии интизоми меҳнат ҳисоб мешавад. Чунин қоидавайронкунӣ аз тарафи хизматчиён метавонад барои истифодаи ҷазои интизомӣ, аз ҷумла аз кор озод намудан бе пардохтани ҷубронпулӣ асос шавад.
6. Вақте ки масъалаи вобаста ба манфиатҳои шахсии молиявӣ ба муҳокимаи Раёсат гузошта мешавад, узви Раёсат, ки масъала бевосита ба манфиатҳои шахсии молиявии вай дахл дорад, дар оғози муҳокима онро ифшо карда, дар муҳокима иштирок намекунад. Муҳокимаи масъалаи мазкур ва қабули қарор бе иштироки ӯ сурат мегирад. Бо мақсади ташкили кворум иштироки ин узви Раёсат ба ҳисоб гирифта намешавад.
7. Дар Бонки миллии Тоҷикистон якҷоя кор кардани хешовандони наздик - зан (шавҳар), фарзандон, падару модар, бародарон, хоҳарон, наберагон, инчунин падару модар, бародарон, хоҳарон ва фарзандони зан (шавҳар), қудоҳо, келинҳо, домодҳо, бародарзодагон ва хоҳарзодагон, ҳамчунин дигар шахсоне, ки якҷоя зиндагӣ карда, хоҷагии умумӣ мебаранд, манъ аст (Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1721, аз 13.11.2023 № 2003)
8. Аъзои мустақили Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар давоми як моҳи баъди ба вазифа тасдиқ шуданашон ва аввали ҳар сол ба Раёсат дар бораи манфиатҳои бевосита ё бавоситаи тиҷоратӣ (қарзҳои бонкӣ, пасандозҳо, саҳмияҳо ва коғазҳои қиматноки дигари ташкилотҳои қарзии молиявӣ), ки молики онҳо худашон ё фарзандони онҳо ва шахсони дигаре мебошанд, ки бо онҳо хоҷагии умумӣ доранд, дар шакли хаттӣ маълумот пешниҳод менамоянд. Раёсат ин маълумотро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
Моддаи 81. Махфият
1. Аъзои Раёсат, аз ҷумла аъзои собиқи он, кормандони Бонки миллии Тоҷикистон, аз ҷумла кормандони собиқи он ҳуқуқ надоранд маълумотеро, ки сирри Бонки миллии Тоҷикистонро ташкил медиҳад ва ҳангоми иҷрои вазифаашон дар Бонки миллии Тоҷикистон ба онҳо маълум шудааст, фош намоянд ва маълумоти мазкурро ба мақсадҳои шахсӣ истифода баранд.
2. Шахсони дар қисми 1 моддаи мазкур қайдгардида метавонанд маълумотеро, ки сирри Бонки миллии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, дар ҳолатҳои зерин фош намоянд:
- дар сурати розигии ошкорои шахсе, ки ин маълумот ба вай тааллуқ дорад;
- агар манфиатҳои Бонки миллии Тоҷикистон фош намудани чунин маълумотро дар мурофиаи судӣ талаб кунанд;
- ҳангоми аудити берунии Бонки миллии Тоҷикистон, бо талаби аудиторон;
- дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
БОБИ 12. АУДИТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 82. Аудити берунии Бонки миллии Тоҷикистон
1. Ба ҳисоботи молиявии Бонки миллии Тоҷикистон бояд хулосаи аудиторӣ дода шавад. Аудити берунии Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи стандартҳои байналмилалии аудит гузаронида мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
2. Бонки миллии Тоҷикистон бо ширкати эътирофшудаи аудиторӣ, ки ғолиби озмун гардидааст, қарордод мебандад ва ҳисоботу иттилооти барои гузаронидани аудит заруриро пешниҳод мекунад.
3. Қарордод дар бораи гузаронидани аудит бояд ҳаҷми иттилооти ба ширкати аудиторӣ пешниҳодшаванда, инчунин масъулияти онро барои ба шахсони сеюм додани иттилооти гирифташуда пешбинӣ кунад.
4. Як ширкати аудиторӣ наметавонад пайваста бештар аз панҷ сол аудити Бонки миллии Тоҷикистонро гузаронад.
5. Муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" ва "Дар бораи фаъолияти аудиторӣ" нисбат ба ширкатҳои аудитории хориҷие, ки аудити Бонки миллии Тоҷикистонро мегузаронанд, татбиқ намегардад.
6. Аудити Бонки миллии Тоҷикистон оид ба фаъолияти хоҷагидорӣ, хизматрасонии буҷети ҷумҳуриявӣ, гардиши маблағҳои буҷетӣ ва қарзи давлатиро Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронад (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1112).
Моддаи 83. Аудити дохилӣ
1. Аудити дохилии Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби Департамента аудити дохилӣ амалӣ гардонда мешавад.
2. Кумитаи аудит аз се нафар аъзои Раёсат, ки аз ҳисоби аъзои мустақили Раёсат интихоб мегарданд, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
3. Сараудитор аз вазифа тибқи асосҳое, ки барои аз вазифа озод кардани аъзои Раёсат пешбинӣ шудаанд, озод карда мешавад.
Моддаи 84. Кумитаи аудити Бонки миллии Тоҷикистон
1. Раёсат бо мақсади огоҳии саривақтӣ аз вазъи молиявии Бонки миллии Тоҷикистон, баҳодиҳии низоми назорати дохилӣ ва идорасозии хавфҳо, таҳлили кори аудити дохилӣ ва берунӣ, инчунин пешниҳоди тавсияҳо доир ба масъалаҳои баррасишаванда кумитаи аудитро таъсис дода, тартиби фаъолияти онро муайян менамояд.
2. Кумитаи аудит аз се нафар аъзои Раёсат, ки аз ҳисоби аъзои мустақили Раёсат интихоб мегарданд, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003).
БОБИ 13. ОМОР ВА ИТТИЛООТ
Моддаи 85. Таҳияи тавозуни пардохт мавқеи сармоягузориҳои байналмилалӣ ва қарзи маҷмӯии беруна
(Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548)
1. Бо мақсади таҳияи тавозуни пардохт, мавқеи сармоягузориҳои байналмилалӣ ва қарзи маҷмӯии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки миллии Тоҷикистон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ аз субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ пешниҳоди маълумотро оид ба амалиёти иқтисодии хориҷии онҳо талаб мекунад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
2. Субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ бояд ба Бонки миллии Тоҷикистон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
Моддаи 86. Ҷамъоварии маълумоти оморӣ ва иттилоот
Бонки миллии Тоҷикистон:
- маълумоти оморӣ ва иттилоотро, ки бо иҷрои вазифаҳояш алоқаманданд, ҷамъоварӣ, таҳия, таҳлил ва нашр менамояд;
- номгӯй ва шаклҳои ҳисоботи оморӣ ва дигар маълумоти зарурии омории ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳодшаванда ва муҳлати пешниҳоди онро муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2003);
- тартиби махфият ва масъулиятро мутобиқи қонун дар ҳолати риоя накардани тартиботи пешниҳоди маълумоти оморӣ муайян мекунад;
- дар ҷамъоварӣ, таҳия ва нашри маълумоти оморӣ ва иттилоот, қабули меъёрҳои байналмилалии паҳнкунии маълумот бо мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ ҳамкорӣ менамояд.
Моддаи 87. Интишори маълумоти оморӣ ва иттилоот
Бонки миллии Тоҷикистон инҳоро ба нашр мерасонад:
- маълумоти оморӣ ва иттилоот;
- методологияе, ки барои ҷамъоварии маълумоти оморӣ ва иттилооти дахлдор истифода бурда мешавад.
БОБИ 14. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 88. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 88(1). Баррасии баҳсҳо
(Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548)
Новобаста ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дар рафти дилхоҳ баррасии судӣ ё арбитражӣ бо ҷавобгарии Бонки миллии Тоҷикистон, аъзои Раёсат, корманд, намоянда, мушовир ё машваратдеҳи берунаи Бонки миллии Тоҷикистон, агенти аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон таъиншуда, узви маъмурияти муваққатӣ ё мудир, ки тибқи қонун таъин шудаанд ва вазифаҳояшонро дар назди Бонки миллии Тоҷикистон иҷро карда истодаанд, инчунин шахсоне, ки қаблан чунин вазифаҳоро ишғол мекарданд:
а) суд ё арбитраж барои қабули қарори худ ғайриқонунӣ, худсарона ё беасос амал кардани ҷавобгарро дар заминаи далелҳои мавҷуда ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор метавонад санҷад;
б) дар давраи баррасии судӣ ё арбитражӣ, инчунин баррасии шикоятҳо дар ҳама марҳилаҳои минбаъда ё баррасии дигари судии бо шикоят алоқаманд, амали қарори таҳти баҳс қарордоштаи Бонки миллии Тоҷикистон бе маҳдудият идома меёбад ва ба таъхир гузошта, боздошта, ё бекор карда намешавад, ба истиснои ҳолатҳои исбот шудани аломати ҷиноят ё ҳуқуқвайронкунии қасдона дар амалҳои Бонки миллии Тоҷикистон;
в) агар суд ё арбитраж муайян намояд, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо амалҳои худ ба шахсони сеюм зарар расондааст ва барои ин амалҳо ҷавобгар мебошад, барои тарафи ҷабрдида ҷуброни моддӣ мерӯёнад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1548).
Моддаи 89. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1996 "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, №24, мод. 410; с.2001, №4, мод. 173; с.2002, №11, мод. 672; с.2004, №12, қ.1, мод. 690; с.2007, №7, мод. 680; с.2009, №7-8, мод. 502) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 90. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
28 июни соли 2011 № 722
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" қабул карда шавад.
2. Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар хусуси дохил намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" аз 14 декабри соли 1996, № 384 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, № 24, мод.411; с.2001, № 4, мод. 174; с.2002, № 11, мод.674; с.2004, № 11, мод.570; с.2007, № 7, мод.521а; с.2009, № 5, мод.381) аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Зуҳуров
ш. Душанбе, 30 марти соли 2011 № 376
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш.Душанбе, 9 июни соли 2011 № 174

Pages