ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1968 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip Microsoft Office document icon замима ба КЧТ ичозат.doc
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1978 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АЛОҚАИ БАРҚӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1977 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Чшб, 05/02/2020 - 11:26
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
233
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
05.03.2007
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ
 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, №3, мод.166, №6, мод. 429; с. 2010, №3, мод.158; с. 2011, №6, мод. 452; с. 2012, №8, мод. 834, №12, қ. 1, мод.1008; с. 2013, №7, мод. 542, №12, мод. 905; с. 2014, №7, қ. 2, мод. 425; с. 2015, №12, қ. 1, мод. 1106; с. 2016, №3, мод. 156; с. 2017, №1-2, мод. 28, мод. 29, №5, қ. 1, мод.290; с. 2018, №7 - 8, мод. 526; с. 2019, № 4-5, мод. 225)
(Қонуни ҶТ аз 8.06.2007 № 273, аз 11.03.2010 № 603, аз 28.06.2011 № 741, аз 01.08.2012 № 900, аз 28.12.2012 № 914, аз 22.07.2013 № 1016, аз 28.12.2013 № 1061, аз 26.07.2014 № 1128, аз 25.12.2015 № 1260, аз 15.03.2016 № 1303, аз 24.02.2017 № 1405, № 1406, аз 30.05.2017 № 1433, аз 3.08.2018 № 1543, аз 4.04.2019 № 1597, аз 2.01.2020 № 1672, аз 13.11.2023 № 2011)
 
Қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқии хизмати давлатӣ, вазъи ҳуқуқӣ ва кафолатҳои иҷтимоии хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- дастгоҳи давлатӣ - низоми мақомоти давлатӣ, ки фаъолияти он барои амалӣ намудани вазифа, функсия ва сиёсати давлат равона шудааст;
- мақоми давлатӣ - ҷузъи таркибии дастгоҳи давлатӣ, ки тибқи салоҳият ва сохтори муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ваколати давлатию ҳокимиятиро дар шакли ташкилию ҳуқуқии ба худ хос амалӣ менамояд;
- мансаби давлатӣ - воҳиди сохтории мақоми давлатӣ, ки дар доираи салоҳияти муқарраркардаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани ҳокимияти давлатӣ, таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва салоҳияти мақомоти давлатӣ таъсис дода шудааст (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1405);
- мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ - мансабҳое, ки Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани ҳокимияти давлатӣ муқаррар намудаанд;
- мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ (мансабҳои сиёсӣ ва маъмурии хизмати давлатӣ) - мансабҳое, ки бо тартиби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ муқаррар карда шудаанд;
- хизмати давлатӣ - фаъолияти касбии хизматчиёни давлатӣ, ки барои таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ муқаррар карда шудааст (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1128);
- хизматчии давлатӣ - шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мансаби давлатии хизмати давлатии музднокро дар асоси касбӣ бо мақсади таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ ишғол намудааст;
- хизматчии давлатии сиёсӣ - хизматчии давлатӣ, ки фаъолияти ӯ ба сиёсати умумидавлатӣ вобаста аст ва барои дар амал татбиқ намудани сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад;
- хизматчии давлатии маъмурӣ - хизматчии давлатӣ, ки уҳдадориҳои мансабии ӯ ба таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ, мансабҳои сиёсии хизмати давлатӣ ва амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ равона карда шудааст (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2011);
- шахси мансабдори давлатӣ - шахси таъин ё интихобшуда, ки ба таври доимӣ, муваққатӣ ё бо ваколати махсус вазифаи намояндаи ҳокимияти давлатиро амалӣ менамояд, яъне бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ваколатҳои амрдиҳӣ нисбати шахсоне мебошад, ки дар тобеияти хизматии ӯ қарор надоранд, инчунин шахсе, ки вазифаҳои ташкилию амрдиҳӣ, маъмурию хоҷагидориро дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҳамчунин дар субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидоре, ки дар онҳо ҳиссаи давлат на кам аз нисфро ташкил медиҳад, ба таври музднок ё бемузд иҷро менамояд ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1406);
- феҳристи мансабҳои давлатӣ - номгӯи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар басти кории мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ барои ба амал баровардани ҳокимияти давлатӣ, таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва салоҳияти мақомоти давлатӣ пешбинӣ гардидааст;
- феҳристи хизматчиёни давлатӣ - махзани ягонаи маълумот ва иттилоот оид ба теъдоди умумӣ ва ҳайати сифатии хизматчиёни давлатии дастгоҳи давлатӣ, ки дар асоси шарҳи ҳол ва фаъолияти касбии хизматчиёни давлатии алоҳида тартиб дода шуда, тибқи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти дорои сирри давлатӣ мансубанд (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1128);
- талаботи тахассусӣ - талаботе, ки бо мақсади муайян кардани тайёрии касбӣ ва мувофиқат ба мансаби мушаххаси давлатии хизмати давлатӣ ба шаҳрвандон ҳангоми қабул шудан ба хизмати давлатӣ ва хизматчиёни давлатӣ барои ишғоли мансаби баландтари давлатии хизматӣ пешниҳод карда мешавад;
- категорияи мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ - мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ, ки вобаста ба ҳаҷм, хусусият ва доираи уҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатии маъмурӣ тасниф мешаванд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2011);
- уҳдадориҳои мансабӣ - уҳдадориҳои пешбининамудаи мансаби муайяни давлатӣ, ки ҷавобгӯи мақсад ва вазифаҳои мақомоти давлатӣ буда, хизматчии давлатӣ дар доираи меъёрҳои муқарраркардаи қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иҷро мекунад (қонуни ҶТ аз 1.03.2010 № 603, аз 13.11.2023 № 2011);
- одоби хизматчии давлатӣ - маҷмӯи меъёрҳо, принсипҳо ва қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии хизматчии давлатӣ, ки хислатҳои ахлоқии фаъолияти касбӣ ва рафтори ӯро дар кор ва ҷомеа таҷассум намуда, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ, талаботи маънавии ҷомеаро нисбат ба хизматчии давлатӣ дар бар мегирад (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1128, аз 3.08.2018 № 1543).
хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1543);
хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1543);
хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1543);
- озмун - тартиби интихоби номзадҳо барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ бо роҳи муайян намудани дараҷаи мутобиқати онҳо ба талаботи тахассусии мансаби ишғолшаванда (қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 603);
- аттестатсия - тартиби муайян намудани мувофиқати хизматчии давлатии маъмурӣ ба мансаби ишғолнамуда бо роҳи баҳодиҳӣ ба иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ, сатҳи дониш, малака ва тайёрии касбӣ (қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 603, аз 13.11.2023 № 2011);
- баҳодиҳии фаъолияти хизматчии давлатӣ - тартиби муайян кардани натиҷаҳои фаъолияти хизматчии давлатӣ бо роҳи гузаронидани суҳбат дар бораи нишондиҳандаҳои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ дараҷаи комёб шудан ба натиҷаҳои пешбинишудае, ки ба мақсаду вазифаҳои мақоми давлатӣ ва воҳиди сохтории он мувофиқат мекунад (қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 603, аз 13.11.2023 № 2011);
- дастурамали мансабӣ - санаде, ки номгӯи мансаби давлатӣ, талаботи тахассусии мушаххас нисбат ба ишғолкунандагони мансаби мазкур, уҳдадориҳои мансабӣ, ҳуқуқ ва масъулияти хизматчии давлатиро пешбинӣ мекунад (қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 603, аз 13.11.2023 № 2011).
Моддаи 2. Ҳуқуқ ба хизмати давлатӣ
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молумулкӣ ба хизмати давлатӣ ҳуқуқи баробар доранд.
Моддаи 3. Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ
Самтҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи хизмати давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 4. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хизмати давлатӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хизмати давлатӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1405).
Моддаи 5. Низоми хизмати давлатӣ
1. Ба низоми хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд:
- хизмати давлатии шаҳрвандӣ;
- хизмати давлатии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
- хизмати давлатии ҳарбӣ.
2. Хизмати давлатии шаҳрвандӣ ҳамчун фаъолияти касбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ тибқи Қонуни мазкур ба амал бароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1128).
Намудҳои алоҳидаи хизмати давлатии шаҳрвандӣ мувофиқи қонунгузории дахлдори соҳавӣ, бо назардошти принсипҳои асосӣ ва муқаррароти умумии Қонуни мазкур ба танзим дароварда мешаванд (қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 603).
3. Хизмати давлатии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолияти касбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мансабҳои давлатии хизмати давлатии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буда, ба таъмини қонуният, амният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин мубориза бар зидди ҷинояткорӣ нигаронида мешавад.
4. Хизмати давлатии ҳарбӣ фаъолияти касбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мансабҳои давлатии хизмати давлатии мақомот ва ҷузъу томҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ буда, ба таъмини мудофиа ва амнияти давлат нигаронида мешавад.
5. Хизмати давлатии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизмати давлатии ҳарбӣ мувофиқи қонунгузории дахлдори соҳавӣ, бо назардошти принсипҳо ва муқаррароти умумии Қонуни мазкур ба танзим дароварда мешаванд.
6. Хизмати давлатии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизмати давлатии ҳарбӣ ва намудҳои алоҳидаи хизмати давлатии шаҳрвандӣ дар қисме, ки бо қонунгузории соҳавӣ ба танзим дароварда нашудааст, бо Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки тибқи Қонуни мазкур қабул карда шудаанд, ба танзим дароварда мешаванд.
Моддаи 6. Доираи амали Қонуни мазкур
1. Амали Қонуни мазкур нисбат ба хизматчиёни давлатии сиёсӣ ва хизматчиёни давлатии маъмурӣ, ки мансабҳои давлатии хизмати давлатиро дар мақомоти зерини давлатӣ ишғол менамоянд, татбиқ мегардад:
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1016);
- Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи он (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1061);
- Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1303);
- дастгоҳҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- вазоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои онҳо;
- кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои онҳо;
- мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбӣ (барои хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ) (қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 603);
- дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- идораҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои онҳо;
- мақомоти дигари марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои онҳо;
- намояндагиҳои доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилалӣ, байнидавлатӣ (байниҳукуматӣ);
- мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Ба хизматчиёни давлатии маъмурӣ инчунин шахсони мансабдори мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, баробар карда мешаванд, ки номгӯи мансабҳои онҳоро Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
3. Амали Қонуни мазкур нисбат ба шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва кормандони ташкилоту муассисаҳои зерини давлатӣ татбиқ намегардад:
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- раис, муовинони раис, судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе;
- кормандони корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои давлатӣ (қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 603);
- хизматчиёни граждании (ҳайати техникӣ ва хизматрасони) мақомоти давлатӣ (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1543);
- кормандони дигар сохторҳои давлатие, ки дар қисми якуми ҳамин моддаи Қонуни мазкур номбар нашудаанд.
Моддаи 7. Принсииҳои асосии хизмати давлатӣ
1. Хизмати давлатӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- волоияти Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
- ягонагии низоми хизмати давлатӣ, новобаста аз таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба ҳомимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ;
- садоқат ба Ватан ва ба халқи Тоҷикистон;
- инсондӯстӣ ва адолати иҷтимоӣ;
- хусусияти дунявӣ доштани хизмати давлатӣ;
- ғайриҳизбӣ будани хизматчиёни давлатии мақомоти дахлдори давлатӣ, ки тибқи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидаанд;
- шаффофият дар хизмати давлатӣ, ба ҷуз фаъолияте, ки сирри давлатӣ ва дигар сирри бо қонун ҳифзшазандаро ташкил медиҳад;
- касбият ва салоҳиятнокии хизматчии давлатӣ;
- ихтиёрӣ ва дастрас будани хизмати давлатӣ;
- ҳисоботдиҳанда будани хизматчии давлатӣ;
- устувории ҳайати шахсии мақоми давлатӣ;
- баландравии мансабии хизматчии давлатӣ дар асоси қобилият, истеъдод, тайёрии касбӣ ва талаботи тахассусӣ;
- баҳодиҳӣ ба фаъолияти хизматчии давлатӣ дар асоси дастовардҳои хизматӣ.
2. Хизмати давлатӣ инчунин ба дигар принсипҳо, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надоранд, асос ёфта метавонад.
Моддаи 7(1). Одоби хизматчии давлатӣ
(Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1128)
1. Одоби хизматчии давлатӣ бо Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кодексҳои соҳавии одоби хизматчии давлатӣ, Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад.
2. Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кодексҳои соҳавии одоби хизматчии давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1128).
Моддаи 8. Мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ
1. Барои татбиқи сиёсати ягонаи хизмати давлатӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ таъсис дода мешавад, ки ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2011).
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2011):
- иҷрои Қонуни мазкурро дар доираи салоҳияти худ таъмин менамояд;
- санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатиро таҳия намуда, бо тартиби муқарраргардида ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- ба фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба риояи қонунгузорӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ назорат мекунад ва оид ба бекор кардани қарорҳои мақомоти давлатӣ, ки хилофи қонунгузории ҷумҳурӣ қабул гардидаанд, пешниҳод ирсол менамояд (қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 603);
- дар доираи салоҳияти худ санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатиро қабул менамояд (қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 603);
- дар доираи ваколатҳои худ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро доир ба риоя накардани талаботи санадхои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати давлатӣ баррасӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1433);
- роҳбарии методии хадамоти кадрии мақомоти давлатиро амалӣ намуда, Низомномаи намунавии хадамоти кадрии мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва барои тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд (қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 603);
- якҷоя бо мақомоти омори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли ҳисоботи омории соҳаи хизмати давлатиро муқаррар ва дастурамали тартиб додани онҳоро тасдиқ менамояд (қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 603);
- маълумоти омори давлатиро оид ба соҳаи хизмати давлатӣ ҷамъ, коркард ва нашр менамояд (қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 603);
- тартиби анҷом додани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, баҳодиҳии фаъолият, аттестатсия ва ҷойивазкунии (ротатсияи) хизматчиёни давлатиро назорат ва роҳбарии методии онро амалӣ менамояд (қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 603);
- фармоиши давлатии тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатиро таҳия намуда, фаъолияти мақомоти давлатиро дар ин самт ҳамоҳанг менамояд (қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 603);
- Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва барои тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- Феҳристи хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пеш мебарад;
- Хориҷ карда шуд (қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 603)
- мониторинги ҳолати кадрҳои хизмати давлатӣ ва захираи кадрҳоро мегузаронад ва эҳтиёҷоти мақомоти давлатиро оид ба кадрҳо пешбинӣ менамояд;
- хуқуқу манфиатҳои хизматчиёни давлатиро ҳифз менамояд;
- талаботи тахассусиро нисбат ба категорияҳои хизматчиёни давлатии маъмурӣ таҳия ва тасдиқ мекунад (қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 603);
- махзани маълумоти захираи кадрҳои хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тартиб медиҳад (қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 603);
- дар таҳия ва татбиқи амалии барномаҳои давлатӣ оид ба такмил додан ва баланд бардоштани нақши хизмати давлатӣ иштирок менамояд;
- оид ба такмили низоми пардохти музди меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни давлатӣ таклифҳо пешниҳод менамояд;
- дар таҳияи лоиҳаҳои шартномаҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои хизмати давлатӣ иштирок менамояд;
- барои бекор кардани санадҳои мақомоти давлатӣ, ки талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатиро вайрон мекунанд, ба суд муроҷиат менамояд (қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 603);
- якҷоя бо мақомоти тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯи бемориҳоеро, ки барои иҷрои уҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатӣ монеа мегарданд, таҳия ва тасдиқ менамояд (қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 603, аз 13.11.2023 № 2011);
- салоҳияти дигареро, ки қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, амалӣ менамояд.
3. Низомнома ва сохтори мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хизмати давлатиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2011).
4. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ санадҳои меъёрии ҳукуқии оид ба хизмати давлатӣ қабулнамудаи худро шарҳ медиҳад, дар хусуси тартиби татбиқи хизмати давлатӣ тавсия ва дастурҳои методӣ таҳия ва пешниҳод карда, ахбор нашр менамояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2011).
5. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ вазифадоранд вобаста ба масъалаҳои соҳаи хизмати давлатӣ бо дархости хаттии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ иттилооти заруриро пешниҳод намоянд (қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 603, аз 13.11.2023 № 2011).
Моддаи 8(1). Санҷиши ҳолати риояи қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ
(Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2011)
Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ метавонад санҷиши фаъолияти мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба риояи қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ гузаронад. Қоидаҳои гузарондани санҷиш аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2011).
БОБИ 2. ТАШКИЛ ВА АДОИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ
Моддаи 9. Хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҷой ва нақши мақоми давлатӣ дар низоми мақомоти давлатӣ, амалӣ намудани вазифа ва функсияҳои давлат, татбиқи салоҳияти мақомоти давлатӣ, хусусияти ваколати мансабҳои мушаххас ва аҳамияти онҳо дар амалӣ намудани сиёсати давлатӣ ба хизматчиёни давлатии сиёсӣ ва маъмурӣ тақсим мешаванд.
2. Таснифи хизматчиёни давлатӣ ба хизматчиёни давлатии сиёсӣ ва маъмурӣ дар Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад, ки он аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 10. Феҳристи мансабҳои давлатӣ ва категорияҳои мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ
1. Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ, мансабҳои сиёсӣ ва маъмурии хизмати давлатӣ ташкил медиҳанд.
2. Барои хизматчиёни давлатии сиёсӣ категорияи мансабҳои давлатӣ муқаррар карда намешавад.
3. Барои хизматчиёни давлатии маъмурӣ категорияи мансабҳои давлатии зерин муқаррар карда мешавад:
- категорияи олӣ;
- категорияи якум;
- категорияи дуюм;
- категорияи сеюм;
- категорияи чорум;
- категорияи панҷум;
- категорияи шашум;
- категорияи ҳафтум.
4. Таснифи мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ ба категорияҳо дар Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда мешавад (қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 603).
Моддаи 11. Талаботи тахассусӣ нисбати довталабони мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ
1. Бо мақсади таъмини салоҳияти мақомоти давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии хизматчиёни давлатӣ ва мувофиқати хизматчиёни давлатии маъмурӣ ба мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ талаботи тахассусӣ муқаррар карда мешавад (қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 603).
2. Талаботи тахассусӣ меъёри асосии хоста гирифтан, ҷобаҷогузории кадрҳои хизмати давлатӣ ва омили муайянкунандаи фаъолияти хизматчии давлатӣ дар мақомоти давлатӣ ба ҳисоб меравад.
3. Ба талаботи тахассусӣ, ки ба шахсони довталаби мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ пешниҳод мегарданд, дохил мешаванд:
- таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбӣ бо назардошти ихтисос ва категорияи мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ;
- собиқаи умумӣ ва таҷрибаи кор аз рӯи ихтисос;
- адои хизмати ҳарбӣ барои ишғоли мансабҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1128);
- собиқаи хизмати давлатӣ;
- донистани забони давлатӣ (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 741);
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатиро ба танзим медароранд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 914, аз 24.02.2017 № 1405, аз 13.11.2023 № 2011).
4. Сатҳи талаботи тахассусӣ барои хизматчиёни давлатии маъмурӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 603, аз 13.11.2023 № 2011).
5. Қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд нисбат ба мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ талаботи дигари тахассусӣ муқаррар намоянд.
Моддаи 12. Хизматчиёни граждании (ҳайати техникӣ ва хизматрасони) мақомоти давлатӣ
(Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1543)
1. Хизматчиёни граждании (ҳайати техникӣ ва хизматрасони) мақомоти давлатӣ шахсоне мебошанд, ки ба хизматрасонии техкикӣ, хоҷагӣ, молиявӣ, дигар таъминоти фаъолияти мақомоти давлатӣ ва хизматчиёни давлатӣ машғуланд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1543).
2. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои мансабии онҳо мувофиқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ мушаххас муайян карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2011).
3. Номгӯи чунин мансаб ва касбҳо бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2011).
Моддаи 13. Қабул шудан ба хизмати давлатӣ
1. Ба мансабҳои сиёсии хизмати давлатӣ қабул шудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Конститутсия, Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1128).
2. Ба мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 18 расидаанд, ба талаботи тахассусии муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Чумҳурии Тоҷикистон мувофиқат мекунанд, метавонанд қабул шаванд (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1128).
3. Ҳангоми ба мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ қабул шудани шаҳрвандон ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи моддаи 26 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1128, аз 3.08.2018 № 1543):
- аризаи шахсӣ;
- эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худ (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1543);
- маълумоти тиббӣ дар бораи вазъи саломатӣ;
- ҳуҷҷатҳои дигаре, ки қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба хусусияти мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ пешбинӣ намудаанд.
4. Шаҳрванд ба хизмати давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур қабул карда шуда, бо ӯ шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ баста мешавад, ки намунаи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1128).
5. Шаҳрванде, ки ба хизмати давлатӣ қабул шудааст, бояд дар муҳлати на дертар аз понздаҳ рӯз баъди ба хизмати давлатӣ дохил шудан ҳиссаи дар сармояи оинномавии (шариконаи) ташкилотҳои тиҷоратӣ доштаашро ба шахси дигар бо ҳуқуқи идораи ба боварӣ асосёфта диҳад (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1260).
6. Муқаррар намудани ҳама гуна табъиз, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, вазъи иҷтимоӣ, мансабӣ ва молумулкии шаҳрванд, ҳангоми дохил шудан ба хизмати давлатӣ манъ аст (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1672).
Моддаи 14. Парвандаи шахсии хизматчии давлатӣ
(Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1405)
1. Парвандаи шахсии хизматчиёни давлатӣ аз тарафи хадамоти кадрии мақоми дахлдори давлатӣ тартиб дода шуда, рафти адои хизмати давлатӣ дар он қайд карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 914, аз 24.02.2017 № 1405).
2. Тартиби пешбурди парвандаи шахсии хизматчиёни давлатӣ ва номгӯйи ҳуҷҷатҳои ба он дӯхташавандаро, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1260, аз 24.02.2017 № 1405, аз 13.11.2023 № 2011).
Моддаи 15. Савганди хизматчии давлатӣ
1. Шаҳрванде, ки бори аввал ба мансаби маъмурии хизмати давлатӣ қабул мешавад, дар ҳузури кормандони мақомоти давлатӣ ботантана савганд ёд менамоянд, ки матни он чунин аст (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1128):
"Ман (насаб, ном ва номи падар), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ савганд ёд мекунам (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1405):
- адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
- Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
- дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
- тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
- ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам".
2. Ҳангоми савгандёдкунии хизматчии давлатӣ Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешаванд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1433).
3. Хизматчии давлатӣ рост истода, дасти росташро ба болои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта, савганд ёд мекунад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1433).
4. Шахси савгандёдкарда матни савгандро бо имзои шахсии худ тасдиқ ва санаи қабули онро сабт менамояд. Матни савганд дар парвандаи шахсии хизматчии давлатӣ нигоҳ дошта мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1405).
5. Матни савганди хизматчиёни давлатии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни давлатии ҳарбӣ тибқи қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ муқаррар карда мешавад.
Моддаи 16. Ҳолатҳое, ки ба хизмати давлатӣ қабул намудани шаҳрванд ва дар хизмати давлатӣ будани хизматчии давлатиро истисно мекунанд
Шаҳрванд дар ҳолатҳои зерин наметавонад ба хизмати давлатӣ қабул гардад ва ҳамчун хизматчии давлатӣ дар хизмати давлатӣ бошад:
- саркашӣ кардан аз адои ба расмият даровардани иҷозат ба маълумоте, ки сирри давлатӣ ва дигар сирри бо қонун ҳифзшавандаро дар бар мегирад, агар иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ ба истифодаи ин маълумот вобастагӣ дошта бошад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2011);
- агар шаҳрвандии давлати дигарро дошта бошад (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1405);
- аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромада, шаҳрвандии давлати дигарро гирифта бошад (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1405);
- нафақагири Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати хориҷӣ бошад (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1405);
- мавҷудияти беморӣ, ки барои иҷрои уҳдадориҳои мансабии хизмати давлатӣ монеа мегардад (Қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 603, аз 13.11.2023 № 2011);
- саркашӣ кардан аз пешниҳоди маълумоте, ки дар моддаи 31 Қонуни мазкур пешбинӣ шудааст;
- доштани доғи судӣ барои ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содиркарда(Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1597);
- агар барои содир кардани ҷиноятҳои қасдона маҳкум шуда бошад ё дар асоси моддаи 32 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1597).
- ҳолатҳои дигаре, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба коррупсия" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2011).
Моддаи 17. Санҷиши маълумоте, ки аз тарафи шаҳрванд пешниҳод карда мешавад
1. Маълумоти пешниҳоднамудаи шаҳрванд ҳангоми ҳалли масъалаи ба мансаби давлатии хизмати давлатӣ таъин шудани ӯ мавриди санҷиш қарор дода мешавад.
2. Агар санҷиш ҳолатҳои барои ба мансаби давлатии хизмати давлатӣ таъин шудани шаҳрванд монеъшавандаро ошкор намояд, ба ӯ дар бораи радкунии таъин ба мансаби давлатӣ ва сабабҳои он хаттӣ хабар дода мешавад.
3. Тартиби санҷиши маълумоти аз тарафи шаҳрванд пешниҳодшавандаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 17(1). Санҷиши махсус дар хизмати давлатӣ
(Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1128)
Санҷиши махсус дар хизмати давлатӣ дар асоси дархости хаттии роҳбари мақоми давлатӣ аз ҷониби мақоми дахлдори давлатӣ гузаронида мешавад, агар баръало ошкор карда шавад, ки шахси дар мансаби давлатии хизмати давлатӣ буда ё довталаби мансаби давлатии хизмати давлатӣ дар эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкиаш, ки тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд, иттилооти бардурӯғ дода бошад (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1128).
Моддаи 18. Озмун барои ишғоли мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ
1. Ишғол намудани мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ бо роҳи озмун сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 603).
2. Қоидаҳои гузаронидани озмунро Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани "Озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, муқаррар мекунад (Қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 603, аз 28.12.2012 № 914, аз 24.02.2017 № 1405).
3. Ишғоли мансабҳои категорияи олӣ бе озмун сурат мегирад. Дигар ҳолатҳои бе озмун ишғол намудани мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ тибқи Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ муайян карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 603).
Моддаи 19. Таҳсили хизматчиёни давлатӣ
1. Таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти миёнаи касбӣ ба амал бароварда шуда, дар шакли тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1260).
2. Тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ дар асоси фармоиши давлатӣ, инчунин талаботи мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
3. Фармоиши давлатӣ оид ба тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2011).
Моддаи 20. Аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ
1. Бо мақсади муайян кардани мувофиқат ба мансаби ишғолнамуда ва таъмини болоравии касбӣ аттестатсияи хизматчии давлатии маъмурӣ (ба истиснои хизматчиёни давлатие, ки мансаби сиёсии хизмати давлатӣ ва мансаби маъмурии хизмати давлатии категорияи олиро ишғол мекунанд) гузаронида мешавад (Қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 603).
2. Тартиб ва шартҳои гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмуриро Низомнома, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, муайян менамояд.
Моддаи 20(1). Баҳодиҳӣ ба фаъолияти хизматчии давлатӣ
(Қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 603)
1. Бо мақсади назорати мунтазами рафти адои хизмати давлатӣ ва ҷамъ намудани иттилоот дар бораи иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ дар охири ҳар сол баҳодиҳии натиҷаи фаъолияти хизматчии давлатӣ гузаронида мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2011).
2. Қоидаҳои гузаронидани баҳодиҳии фаъолияти хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 603).
Моддаи 21. Рутбаҳои тахассусии хизматчиёни давлатӣ
1. Барои хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаҳои тахассусӣ муқаррар карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 914)
  2. Тартиби ба хизматчиёни  давлатӣ  додани  рутбаҳои  тахассусиро Низомнома,   ки   аз  тарафи  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  тасдиқ мегардад, муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 914).
3. Тартиби баробар донистани рутбаҳо ва унвонҳои ҳарбӣ, дипломатӣ ва махсус ба рутбаҳои тахассусии хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 603).
Моддаи 22. Феҳристи хизматчиёни давлатӣ
Тартиби пешбурди Феҳристи хизматчиёни давлатиро, ки маълумотро дар бораи хизматчиёни давлатӣ дар бар мегирад, мақоми ваколатдор дар соҳаи хизмати давлатӣ муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 914).
Моддаи 23. Асосҳои қатъ шудани хизмати давлатӣ
1. Хизмати давлатӣ ғайр аз асосҳои пешбиникардаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавридҳои зерин қатъ мегардад:
- истеъфои хизматчии давлатии сиёсӣ;
- расидан ба синни ниҳоии хизмати давлатӣ;
- қатъ намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар ё тарки доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1260, аз 24.02.2017 № 1405);
- гирифтани нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистои ё давлати хориҷӣ (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1405);
- вайрон намудани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо (Қонуни ҶТ аз 08.06.2007 № 273);
- эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунии суд (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1260);
- эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи маҳдуд намудани қобилияти амал ё ғайри қобили амал эътироф шудани хизматчии давлатӣ (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1260);
- риоя накардани маҳдудиятҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст;
- ҳолатҳои дигаре, ки Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
2. Аз мансаби давлатӣ озод намудани хизматчии давлатӣ аз тарафи роҳбари мақоми давлатӣ, ки ҳуқуқи ба мансаби давлатии хизмати давлатӣ таъин ва озод карданро дорад, мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
3. Дар сурати норизо будани хизматчии давлатӣ аз озод намуданаш аз мансаби давлатӣ ӯ ҳуқуқ дорад ба суд муроҷиат намояд.
Моддаи 24. Синни ниҳоии дар хизмати давлатӣ будан
Синни ниҳоии дар хизмати давлатӣ будан барои занон то 58-солагӣ ва барои мардон то 63-солагӣ мебошад. Роҳбари мақоми давлатӣ метавонад баъди мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ бо қарори (амри) худ муҳлати дар хизмати давлатӣ будани хизматчии давлатии ба синни ниҳоӣ расидаро то ду сол дароз намояд. Дар ин сурат бо хизматчии давлатӣ шартномаи (қарордоди) муҳлатноки меҳнатӣ баста мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 914, аз 13.11.2023 № 2011).
Моддаи 25. Истеъфои хизматчии давлатии сиёсӣ
1. Истеъфо қатъ ёфтани хизмати давлатӣ мувофиқи аризаи хаттии хизматчии давлатии сиёсӣ буда, асоси он монеаи сиёсӣ барои минбаъд ишғол намудани мансаби сиёсии хизмати давлатӣ мебошад.
2. Истеъфо аз тарафи мақоми давлатии ваколатдор қабул ё рад карда мешавад. Дар сурати рад кардани истеъфо хизматчии давлатии сиёсӣ бояд иҷрои уҳдадориҳои мансабиашро давом диҳад ва ё бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дар бораи бо хоҳиши худ аз мансаби сиёсии хизмати давлатӣ озод карданаш муроҷиат намояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2011).
Моддаи 26. Захираи кадрҳои хизмати давлатӣ
(Қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 603)
1. Захираи кадрҳои хизмати давлатӣ бо мақсади таъмини хизмати давлатӣ бо кадрҳо, болоравии мансабии хизматчии давлатӣ дар асоси дастовардҳои хизматӣ, қобилият, истеъдод ва тайёрии касбӣ, сари вақт ишғол намудани мансабҳои холии маъмурии категорияҳои сеюм, дуюм, якум, олӣ ва мансабҳои сиёсӣ ташкил карда мешавад.
2. Захираи кадрҳои хизмати давлатӣ аз ҳисоби мутахассисони босалоҳият, ташаббускор, дорои сатҳи баланди тайёрии касбӣ, қобилияти ташкилотчигӣ ва малакаи идоракунӣ ташаккул меёбад.
3. Тартиби ташаккул ва кор бо захираи кадрҳои хизмати давлатиро Низомнома дар бораи захираи кадрҳои хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 603).
Моддаи 26 (1) Ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ
(Қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 603)
1. Дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади истифодаи самараноки маҳорати касбии хизматчиёни давлатӣ ва пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ анҷом дода мешавад.
2. Қоидаҳои гузаронидани ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 603).
БОБИ 3. ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ
Моддаи 27. Ҳуқуқҳои хизматчии давлатӣ
1. Хизматчии давлатӣ ҳуқуқ дорад:
- дар доираи ваколатҳои худ дар баррасии масъалаҳо ва қабули қарор иштирок намуда, иҷрои онҳоро аз тарафи мақомоти дахлдор ва шахсони мансабдор талаб намояд;
- иттилоот ва маводи барои иҷрои ваколат ва уҳдадориҳои мансабиаш заруриро бо тартиби муқарраргардида талаб карда гирад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2011);
- муайян намудани доираи уҳдадориҳои мансабиашро аз роҳбари худ талаб намояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2011);
- ба тайёркунӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ дар муассисаҳои таълимии дахлдор аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ фаро гирифта шавад;
- ба фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ машғул шавад;
- бо маводе, ки ба адои хизмати давлатии ӯ дахл дорад, аз ҷумла парвандаи шахсӣ бемамоният шинос шавад (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1260, аз 24.02.2017 № 1405);
- дар хизмати давлатӣ, бо назардошти тахассус, қобилияти касбӣ ва сатҳи иҷрои уҳдадориҳои мансабии худ, баланд равад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2011);
- дар сурати айбдоркунии беасос гузаронидани санҷиши хизматиро талаб намояд ва бо натиҷааш шинос шавад (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1260);
- бо ташаббуси худ фаъолиятро дар хизмати давлатӣ қатъ намояд;
- тибқи талаботи қонунгузорӣ бо нафақа таъмин гашта, аз ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ бархурдор бошад;
- оид ба такмили хизмати давлатӣ ба мақоми давлатие, ки дар он фаъолият мекунад, инчунин ба мақомоти давлатии болоӣ ва шахсони мансабдори он таклиф пешниҳод намояд.
2. Ҳуқуқҳои хизматчиёни давлатии сиёсӣ бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ муайян карда мешаванд.
Моддаи 28. Уҳдадориҳои асосии хизматчии давлатӣ
(Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2011)
1. Хизматчии давлатӣ уҳдадор аст (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2011):
- Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намояд;
- ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони ҳуқуқиро риоя, ҳифз ва эҳтиром намояд;
- муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ баррасӣ намуда, аз рӯи онҳо чораҳои дахлдор андешад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1672);
- интизоми давлатӣ ва хизматиро риоя намояд;
- меъёрҳои муқаррарнамудаи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастури фаъолияти худ қарор дода, ҳолатҳои бархӯрди манфиатҳоро ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ истисно намояд (қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 603, аз 13.11.2023 № 2011);
- фармон, фармоиш ва амрҳои роҳбарон, қарор ва дастури мақомоти болоӣ ва шахсони мансабдорро, ки дар доираи ваколати онҳо дода шудаанд, иҷро намояд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 914, аз 13.11.2023 № 2011);
- сирри давлатӣ ва сирри дигари бо қонунҳо ҳифзшавандаро, аз ҷумла баъди қатъи хизмати давлатӣ, дар давоми муҳлати муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нигоҳ дорад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2011);
- ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ маълумотро дар бораи ҳаёти шахсӣ, шаъну шарафи шаҳрвандон махфӣ нигоҳ дорад, аз онҳо пешниҳод намудани чунин маълумотро талаб накунад (ба истиснои мавридҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон)(Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2011);
- ҳифзи моликияти давлатиро таъмин намояд;
- агар манфиати шахсии хизматчии давлатӣ барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ монеа гардад, ё ба манфиати давлатӣ мухолифат кунад ва ё боиси дигар ҳолатҳои бархӯрди манфиатҳо гардад, бояд ба роҳбари мақоми давлатӣ, ки барои таъин ва озод намудани ӯ аз мансаб салоҳият дорад, хабар диҳад (қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 603, аз 13.11.2023 № 2011);
- аз рӯзи гирифтани иттилооти расмӣ дар бораи қатъ намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар ба роҳбари мақоми давлатӣ, ки ҳуқуқи ба мансаб таъин ва аз мансаб озод намуданро дорад, хабар диҳад (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1405);
- сатҳи касбӣ ва тахассусии худро барои иҷрои самараноки уҳдадориҳои мансабӣ баланд бардорад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2011);
- мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур савганд ёд кунад.
2. Уҳдадориҳои мушаххаси хизматчии давлатӣ, ки аз уҳдадориҳои асосӣ бармеоянд, тибқи талаботи тахассусӣ муайян карда шуда, дар дастурамалҳои мансабие, ки аз тарафи роҳбарони мақомоти давлатии дахлдор тасдиқ карда мешаванд, инъикос мегарданд. Қоидаҳои таҳияи дастурамалҳои мансабии хизматчиёни давлатии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ тасдиқ карда мешаванд (қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 603, аз 13.11.2023 № 2011).
3. Уҳдадориҳои хизматчиёни давлатии сиёсӣ бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ муқаррар карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2011).
Моддаи 29. Уҳдадориҳои иловагии хизматчии давлатии маъмурӣ
(Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2011)
1. Бо розигии хизматчии давлатии маъмурӣ ва роҳбари мақоми давлатӣ мумкин аст ба зиммаи хизматчии давлатии маъмурӣ иҷрои уҳдадориҳои иловагии хизмати давлатӣ вогузошта шавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2011).
2. Ҳаҷми пардохти иловапулиро барои иҷрои уҳдадориҳои иловагии хизмати давлатӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2011).
Моддаи 30. Маҳдудиятҳо вобаста ба хизмати давлатӣ
Хизматчии давлатӣ ҳуқуқ надорад:
- бе иҷозати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофот, унвонҳои фахрӣ ва махсуси давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалиро қабул намояд;
- ҳангоми иҷрои ваколатҳои мансабӣ аз хизматрасониҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба манфиати шахсӣ истифода барад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2011);
- дар дигар амалҳо, аз ҷумла корпартоиҳо, ки фаъолияти мақомоти давлатӣ ва иҷрои уҳдадориҳои мансабиро халалдор месозанд, иштирок намояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2011);
- ба ҳайати мақомоти идоракунӣ, шӯроҳои нозирон ё парасторон, мақомоти дигари ташкилотҳои ғайритиҷоратии хориҷӣ ва воҳидҳои сохтории онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардад, агар қонунгузорӣ ё шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошанд (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1260);
- дар идораи фаъолияти ҷамъияти хоҷагидор ё дигар ташкилоти тиҷоратӣ иштирок кунад, аз ҷумла ба ҳайати мақомоти идоракуни ташкилоти тиҷоратӣ, ки узвият дар онҳо бе изҳори иродаи махсуси фардӣ ғайриимкон аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1260);
- дар бонкҳои хориҷие, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, суратҳисобҳо кушояд ва пасандозҳо дошта бошад, пули нақд ва ашёи қиматнокро нигоҳ дорад, дигар воситаҳои молиявӣ ва моликият дар хориҷа дошта бошад ва (ё) аз онҳо истифода барад (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1260, аз 24.02.2017 № 1405);
- ба фаъолияти мақомоти дигари давлатӣ, ки ба доираи ваколати мансабиаш дохил нест, дахолат намояд (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1260);
- дигар маҳдудиятҳои пешбининамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон намояд.
Моддаи 31. Эъломиякунонии даромадҳо ва вазъи молумулкии довталабони мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда
(Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1543)
Эъломиякунонии даромадҳо ва вазъи молумулкии довталабони мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба коррупсия" амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1543, аз 13.11.2023 № 2011).
Моддаи 32. Ҷавобгарии интизомии хизматчии давлатӣ
1. Роҳбари мақоми давлатӣ, ки ҳуқуқи ба мансаб таъин ва аз мансаб озод намуданро дорад, ба хизматчии давлатӣ барои кирдори интизомии содирнамудааш, ҳамчунин барои риоя накардани талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кодексҳои соҳавии одоби хизматчии давлатӣ, роҳ додан ба бархурди манфиатҳо ҳангоми адои хизмати давлатӣ ва ё дигар кирдорҳои бавуҷудоварандаи коррупсия, ки дорои аломатҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё ҷиноят намебошанд муҷозоти зерини интизомиро татбиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1128):
- сарзаниш;
- танбеҳ;
- танбеҳи қатъӣ (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1433);
- то як сол мавқуф гузоштани додани рутбаи тахассусии навбатӣ;
- ба мансаби паст гузаронидан;
- аз мансаб озод кардан.
2. Бо мақсади ҷамъ овардан ва санҷиши маълумот дар бораи кирдори интизомии содирнамудаи хизматчии давлатӣ аз тарафи роҳбари мақоми давлатӣ санҷиши хизматӣ таъин карда мешавад. Санҷиши хизматӣ метавонад бо талаби хизматчии давлатӣ низ гузаронида шавад.
3. Тартиби гузаронидани санҷиши хизматӣ ва ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани хизматчии давлатӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд (қонуни ҶТ аз 1.03.2010 № 603).
4. Татбиқи ҷазоҳои интизомие, ки дар Қонуни мазкур, Кодекси меҳнат ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ нагардидаанд, манъ аст (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1433).
Моддаи 33. Муносибати хизматчии давлатӣ ба иҷрои фармон ва амрҳои ғайриқонунӣ
1. Хизматчии давлатӣ бояд дар доираи ваколат ва уҳдадориҳои мансабӣ амал намояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2011).
2. Дар сурати ба қонунӣ будани фармон ва ё амри барои иҷро гирифташуда шубҳа пайдо кардани хизматчии давлатӣ, ӯ бояд ба таври хаттӣ фавран ба роҳбари бевоситааш муроҷиат намояд. Агар роҳбари бевосита ё шахси мансабдори болоӣ дурустии фармон ва ё амри додашударо хаттӣ тасдиқ намояд, хизматчии давлатӣ вазифадор аст онро иҷро намояд, ба шарте ки он дорои оқибатҳои ҷавобгарии маъмурӣ ва ё ҷиноятӣ набошад.
Масъулият барои оқибатҳои иҷрои фармон ё амр ва дастури ғайриқонунӣ дар ин ҳолат ба зиммаи шахси мансабдоре гузошта мешавад, ки онҳоро тасдиқ кардааст.
БОБИ 4. КАФОЛАТҲО ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ
Моддаи 34. Кафолатҳо барои хизматчии давлатӣ
1. Ба хизматчии давлатӣ кафолатҳои зерин дода мешавад:
- шароити корӣ барои таъмини иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2011);
- музди меҳнат, аз ҷумла мукофотпулӣ, кумакпулӣ, иловапулӣ, ҷубронпулӣ ва изофапулӣ (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1433, аз 13.11.2023 № 2011);
- рухсатии ҳарсолаи пардохтшаванда ва дигар рухсатиҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 603);
- таҳсил ва баланд бардоштани дараҷаи тахассус бо нигоҳ доштани музди меҳнат, мансаби ишғолнамуда ё мансаби ба он баробар, бо тартиби муайяннамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми давраи таҳсил (қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 603);
- суғуртаи ҳатмии давлатӣ барои беморӣ ё гум кардани қобилияти меҳнатӣ, фавт ё расондани зарар ба саломатӣ ва молу мулки ӯ ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2011);
- таъмини нафақа тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 603);
- таъмини нафақаи хизматчии давлатӣ дар ҳолати фавти хизматчии давлатӣ ба аъзои оилаи ӯ, ки таҳти саробониаш қарор доранд (қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 603);
- ҳатман гирифтани розигии хизматчии давлатӣ ҳангоми гузаронидан ба мансаби дигар (ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон);
- ҳимояи хизматчии давлатӣ, аъзои оила ва наздикони ӯ аз зӯроварӣ, таҳдид ва дигар кирдорҳои ғайриқонунии вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2011);
- таъмини имконияти баландравии мансабӣ;
- ҷуброни зарар ҳангоми пурра ё қисман гум кардани қобилияти меҳнатӣ;
2. Хароҷоти вобаста ба сафарҳои хизматӣ, ҷойивазкунӣ (ротатсия), гузаронидан ба мақоми давлатии воқеъ дар маҳалли дигар (вилоят, шаҳр, ноҳия), инчунин хароҷоти нақлиёт ва манзили хизматчии давлатӣ вобаста ба чунин гузариш ҷуброн карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1128).
3. Хароҷот вобаста ба кафолатҳое, ки ҳамин модда пешбинӣ менамояд, аз ҳисоби маблағҳои буҷети дахлдор сурат мегирад.
4. Қонунҳо ва дигар санадҳои мёъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматчии давлатӣ кафолатҳои дигарро низ пешбинӣ карда метавонанд.
5. Дар сурати вафоти хизматчии давлатӣ ба аъзои оилаи ӯ дар ҳаҷми панҷ музди моҳонаи меҳнат аз ҷои кори охиринаш кумакпулии яквақта дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 900, аз 13.11.2023 № 2011).
6. Дар сурати озод шудан аз мансаби давлатӣ, бинобар содир намудани кирдори ғайриқонунӣ, хизматчии давлатӣ аз кафолатҳо ва ҷубронпулиҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст, маҳрум мегардад.
7. Иваз шудани роҳбари мақоми давлатӣ барои бо ташаббуси роҳбари нав қатъ шудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ асос шуда наметавонад, ба истиснои шартномаи (қарордоди) меҳнатие, ки бо хизматчиёни давлатии сиёсӣ баста мешаванд.
Моддаи 35. Кафолати хизматчии давлатӣ дар мавриди барҳам додан, азнавташкилдиҳӣ ва таҷдиди мақоми давлатӣ, ихтисор шудани шумора ё воҳиди кории хизматчиёни давлатӣ
(қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 603)
1. Ба хизматчии давлатӣ ҳангоми барҳам додан, азнавташкилдиҳӣ ва таҷдиди мақоми давлатӣ, ихтисор шудани шумора ё воҳиди кории хизматчиёни давлатӣ бо назардошти дараҷаи тахассус, касб ва мансаби пеш ишғолнамудааш дар дигар мақоми давлатӣ мансаби давлатии хизмати давлатӣ пешниҳод карда мешавад (агар бо розигии ӯ додани дигар мансаби давлатии хизмати давлатӣ дар ҳамон мақоми давлатӣ ғайриимкон бошад) (қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 603).
2. Ба хизматчии давлатӣ, ки ҳангоми барҳам додан, азнавташкилдиҳӣ ва таҷдиди мақоми давлатӣ, ихтисор шудани шумора ё воҳиди кории хизматчиёни давлатӣ аз мансаби давлатӣ озод шудааст (қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 603):
- аз рӯи мансаби пеш ишғолнамудааш бе ҳисоби кумакпулии аз кор рафтан, дар давоми се моҳ музди меҳнат дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2011);
- кумакпулӣ барои бекорӣ дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2011);
- музди меҳнати пештарааш ҳангоми гузаронидан ба мансаби дигари давлатии хизмати давлатӣ дар ҳамон мақом ё мақоми дигари давлатӣ дар давоми се моҳ нигоҳ дошта мешавад (агар музди меҳнати наваш назар ба маоши пештарааш кам бошад);
- хизматрасонии тиббӣ ба ӯ ва аъзои оилааш дар ҳамон муассисаи табобатӣ, ки то ба мансаби нави давлатӣ гузарониданаш расонида мешуд, нигоҳ дошта мешавад;
- дар сурати доштани собиқаи умумии меҳнатӣ (25 сол барои мардҳо, 20 сол барои занҳо) ва на камтар аз 10 сол собиқаи хизмати давлатӣ, ҳуқуқ дода мешавад, ки ду сол пеш аз муҳлати муқарраркардаи қонунгузорӣ ба нафақа барояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2011).
3. Дар сурати набудани имконияти мувофиқи ихтисосаш ба дигар мансаби давлатии хизмати давлатӣ гузаронидани хизматчии давлатӣ ӯ то як сол дар мақоми давлатӣ, бо нигоҳ доштани собиқаи хизмати давлатӣ, дар захираи кадрҳо мемонад ва барои такмили ихтисосаш имконият фароҳам оварда мешавад.
Моддаи 36. Музди меҳнати хизматчии давлатӣ
1. Музди меҳнат бояд шароити моддии заруриро барои иҷрои уҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатӣ фароҳам оварда, ба ӯ ва аҳли оилааш сатҳи муносиби зиндагиро таъмин намояд, инчунин барои бо кадрҳои салоҳиятноку таҷрибанок таъмин намудани мақомоти давлатӣ мусоидат намуда, омили меҳнати поквиҷдонона ва ташаббускоронаи хизматчии давлатӣ бошад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2011).
2. Музди меҳнати хизматчии давлатӣ аз маоши мансабӣ, иловапулиҳо ба маоши мансабӣ барои рутбаи тахассусӣ ва собиқаи хизмати давлатӣ иборат мебошад.
3. Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ бо назардошти иловапулӣ барои рутбаи таҳассусӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.
4. Андозаи маоши мансабӣ, иловапулӣ барои рутбаи тахассусӣ ва собиқаи хизмати давлатӣ, инчунин шартҳо ва тартиби пардохти музди меҳнати хизматчиёни давлатиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 37. Собиқаи хизмати давлатӣ
1. Ба собиқаи хизмати давлатӣ давраи фаъолияти шаҳрванд дар мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ, мансабҳои сиёсӣ ва маъмурии хизмати давлатӣ, хизмат дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизмати ҳарбӣ, инчунин фаъолият дар мансабҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки дар Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, дохил мешавад.
2. Ба собиқаи хизмати давлатӣ метавонанд дигар давраҳои фаъолияти меҳнатии шаҳрванд низ бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шаванд.
Моддаи 38. Ҳавасмандгардонии хизматчии давлатӣ
1. Хизматчии давлатӣ барои дастовардҳои хизматӣ, хизмати бардавому бенуқсон, иҷрои супоришҳои махсусан муҳими давлатӣ ҳавасманд гардонида мешавад.
2. Намудҳои ҳавасмандгардонӣ ва тартиби бо он сарфароз гардониданро қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоянд.
Моддаи 39. Рухсатии хизматчии давлатӣ
1. Ба хизматчии давлатӣ бо назардошти хусусиятҳои хоси хизмати давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи мазкур, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсатии ҳарсолаи пардохтшаванда дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1128).
2. Давомнокии рухсатии асосии ҳарсолаи пардохтшавандаи хизматчиёни давлатӣ чунин муқаррар карда мешавад:
- 35 рӯзи тақвимӣ - ба хизматчиёни давлатии сиёсӣ ва хизматчиёни давлатии маъмурии категорияи олӣ;
- 30 рӯзи тақвимӣ - ба хизматчиёни давлатии маъмурии категорияи якум ва дуюм;
- 28 рӯзи тақвимӣ - ба хизматчиёни давлатии маъмурии категорияи сеюм, чорум, панҷум, шашум ва ҳафтум (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2011).
3. Дар сурати 5, 10, 15 ва 20 сол будани собиқаи хизмати давлатӣ, ба муҳлати рухсатии асосии ҳарсолаи пардохтшаванда мувофиқан 3, 6, 10 ва 15 рӯзи тақвимӣ илова карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2011).
4. Рухсатии ҳарсола ва рухсатии иловагӣ ҷамъ карда мешавад ва бо хоҳиши хизматчии давлатӣ мумкин аст, ки қисм-қисм дода шавад. Давомнокии як қисми рухсатии асосӣ набояд аз 14 рӯзи тақвимӣ кам бошад.
5. Хизматчии давлатӣ дар давоми сол барои гирифтани рухсатии бемузди давомнокияш на бештар аз 60 рӯзи тақвимӣ ҳуқуқ дорад.
Моддаи 40. Таъминоти иҷтимоии хизматчии давлатӣ
1. Ба хизматчии давлатӣ бо тартиби муқарраршуда:
- аз фонди давлатӣ манзили истиқоматӣ дода мешавад;
- барои беҳтар кардани шароити манзил, сохтмони манзили шахсӣ ва ё кооперативӣ қитъаи замин ҷудо карда мешавад, ки тартиби ҷудо карда шудани онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд;
- барои харидан ё сохтмони манзил, инчунин беҳтар намудани шароити манзилӣ ба муҳлати то 20 сол қарзи бефоиз дода мешавад, ки шартҳо ва тартиби додани чунин қарзро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2011).
2. Ба хизматчии давлатии сиёсӣ ва хизматчии давлатии маъмурии категорияи олӣ илова ба майдони истиқоматӣ 20 метри мураббаъ барои ҳуҷраи корӣ дода мешавад.
3. Дар сурати на камтар аз 15 сол собиқаи бефосилаи хизмати давлатӣ доштани хизматчии давлатӣ хонаи истиқоматии дар фонди манзили давлатӣ ишғолкардааш (ба ғайр аз хонаҳои истиқоматии хизматӣ) ройгон ба моликияти ӯ дода мешавад.
Моддаи 41. Таъмини нафақа ва дигар кумакпулиҳо ба хизматчии давлатӣ
(Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2011)
1. Таъмини нафақаи хизматчиёни давлатӣ мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нафақа амалӣ гардонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1128).
2. Хизматчии давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба нафақа барои хизмати дарозмуддат ҳуқуқ дорад.
3. Ба хизматчии давлатӣ ҳангоми ба нафақа баромадан дар ҳаҷми музди меҳнати семоҳа кумакпулии яквақта дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 900, аз 3.08.2018 № 1543, аз 13.11.2023 № 2011).
4. Дар мавриди такроран ба мансаби давлатии хизмати давлатӣ таъин (интихоб) шудани шахсоне, ки нафақа мегиранд, пардохти нафақаи онҳо боздошта мешавад. Ҳангоми аз мансаб озод шудани чунин шахсон пардохти нафақаи онҳо дар асоси собиқаи корӣ дар рӯзи охирини аз мансаб озод шуданашон аз нав барқарор карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1405, аз 2.01.2020 № 1672).
БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 42. Тартиби баррасии баҳсҳои меҳнатии хизматчиёни давлатӣ
Хизматчиёни давлатӣ оид ба ҳалли баҳсҳои меҳнатиашон метавонанд ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ, мақомоти дигари ваколатдори давлатӣ ё суд муроҷиат намоянд (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1260, аз 13.11.2023 № 2011).
Моддаи 43. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсоне, ки муқаррароти Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 44. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 "Дар бораи хизмати давлатӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, № 22, моддаи 297; с. 2002, № 4, қисми 1, моддаи 203; с. 2005, № 7, моддаи 407; соли 2006, № 3, моддаи 154) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 45. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Э. Раҳмонов
аз 5 марти соли 2007 № 233,
 ш. Душанбе
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон               С. Хайруллоев
аз 24 январи соли 2007, № 466 ш. Душанбе
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи хизмати давлатӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                 М. Убайдуллоев
аз 22 феврали соли 2007 № 275 ш. Душанбе