ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1668 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АССОТСИАТСИЯИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ОБ Маҷлиси Олии ҶТ 02.01.2020 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1658 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИЗОМИ ОГОҲОНӢ ВА ПЕШГИРИИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ НОБОЛИҒОН Маҷлиси Олии ҶТ 02.01.2020 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1655 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМ Маҷлиси Олии ҶТ 02.01.2020 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Феврал 2020

-A A +A

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 10/02/2020 - 11:32
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
671
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
29.12.2010

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2010, №12, қ.1, мод. 830;

Қонунҳои ҶТ аз 27.11.2014 с., № 1158; аз 04.04.2019 с., №1591 )

Қонуни мазкур самтҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи таъмини амнияти озукаворӣ, ҳамчун қисми таркибии амнияти давлат, тибқи принсип ва меъёрҳои байналмилалии эътирофшуда муайян менамояд.

БОБИ 1.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода мешаванд:

- амнияти озуқаворӣ - вазъи иқтисодии давлат мебошад, ки аз ҳисоби истеҳсолоти дохилӣ бехатарии озуқавории кишвар таъмин гардида, дастёбии воқеӣ, ки барои ҳаёти солиму фаъол ва рушди демографии ҳамаи аҳолӣ зарур аст, кафолат дода мешавад;

- таъмини амнияти озуқаворӣ - таҳия ва амалӣ намудани чорабиниҳои сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодӣ, техникӣ, иттилоотӣ ва чорабиниҳои дигаре, ки асосан аз ҳисоби истеҳсолоти дохилӣ бо озуқаи ҳаётан муҳим дар сатхи меъёрҳои муносиби илман асоснок барои қонеъ намудани талаботи аҳолӣ ва пешгирии бӯҳронҳои озуқаворӣ равона шудаанд; (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., №1591)

- озуқаи ҳаётан муҳим - озуқае, ки аз рӯи таркиб ва ҳаҷм асоси меъёри ғизои аҳолии кишварро ташкил медиҳад; (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., №1591 )

- меъёрҳои физиологии истеъмоли озуқа - меъёрҳои илман асоснок ва аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ тасдиқшудаи истеъмоли моддаҳои ғизоӣ ва неру, ки талаботи ҳамаи шахсони солимро бо ғизо ва нерӯи зарурӣ қонеъ менамоянд; (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., №1591)

- бӯҳрони озуқаворӣ - вазъияте, ки таъмини аҳолӣ бо озуқаи ҳаётан муҳим тибқи меъёрҳои физиологии истеъмоли озуқа дар ҳудуд ё қисми зиёди ҳудуди давлат таҳти хатар қарор дошта, хатари мазкур танҳо бо истифодаи чораҳои танзими давлатӣ, дар мавриди зарурат бошад, бо иштироки ташкилотҳои байналмилалӣ бартараф карда мешавад; (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., №1591)

- истиқлолияти озуқаворӣ - шароити таъмини амнияти озуқавории давлат, ки дар сурати қатъ гардидани интиқоли озуқа аз беруни давлат бӯҳрони озуқаворӣ ба амал намеояд;

- сатҳи зарурии истеҳсоли озуқа - сатҳи истеҳсоли озуқа ва ашёи хоми асосии хурокворӣ аз ҷониби истеҳсолкунандагони ватанӣ, ки дар асоси талаботи миёнаи сарикасии аҳолӣ ба озуқаи ҳаётан муҳим, бо назардошти тақсимоти аҳолӣ аз рӯи синну сол, ҷинс, шароити меҳнат, иқлим, инчунин дигар хусусиятҳои вояи ғизо ва ҳаҷми ҳисобкардашудаи содироти амнияти озуқавории давлатро кафолат медиҳад; (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., №1591)

- дастёбии воқеии озуқа - интиқоли мунтазами озуқа ба ҷойҳои истеъмоли он дар ҳаҷме, ки барои қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ кифоя мебошад;

- дастёбии иқтисодии озуқа - имконияти аз ҷониби аҳолӣ тибқи меъёрҳои физиологии истеъмоли озуқа харидорӣ намудани озуқа дар шароити мавҷудаи тариқи истеъмол, системаи нарх, сатҳи даромад, кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ ва имтиёзҳои ҷойдошта; (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., №1591)

- захираи давлатии озуқа - қисми таркибии захираи моддии давлатӣ, ки бо мақсади пешгирии бӯҳрони озуқаворӣ ва (ё) бартараф кардани оқибатҳои он барои истифода аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул дода мешавад. (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., №1591)

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи амнияти озуқаворӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи амнияти озуқаворӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., №1591)

Моддаи 3. Таъмини амният ва истиқлолияти озуқаворӣ

1. Амният ва истиқлолияти озуқаворӣ бо роҳи муҳайё намудани кафолати дастрасии озуқа ба аҳолӣ аз ҳисоби маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи меъёрҳои физиологии истеъмоли озуқа тавассути амалигардонии маҷмӯи тадбирҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ таъмин карда мешаванд. (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., №1591)

2. Самтҳои   асосии   таъмини   амният   ва   истиқлолияти озуқавории кишвар инҳоянд:

- муқаррар намудани номгӯи озуқаи ҳаётан муҳим; (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., №1591)

- таъмини дастёбии воқеӣ ва иқтисодии озуқаи ҳаётан муҳим; (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., №1591)

- таъмини сатҳи зарурии истеҳсоли озуқа ва ташаккули захираи давлатии озуқа, новобаста ба таъсири манфии омилҳои дохилӣ ва беруна; (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., №1591)

  • ташкили низоми идоракунии бахши кишоварзӣ, нигоҳдорӣ ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли озуқаи рақобатпазир ва ба содирот нигаронидашуда; (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., №1591)

рушди фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, аз ҷумла мувофиқ намудани содирот ва воридот; (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., №1591)

- татбиқи сиёсати самарабахши аграрӣ;

- ташкили хариди фаврӣ, интиқол ва тақсими озуқаи ҳаётан муҳим барои аҳолӣ ҳангоми ба вуҷуд омадани бӯҳрони озуқаворӣ ё хатари ба вуҷуд омадани он; (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., №1591)

- мониторинги вазъи бозори озуқа ва ашёи хоми кишоварзӣ;

-  рушди технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионии савдои озуқа ва ашёи хоми кишоварзӣ; (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., №1591)

- амалӣ намудани назорати давлатии бозори озуқа, аз ҷумла баҳисобгирӣ ва назорати истеҳсол, таҳвили дохилию берунӣ ва ташаккули захираи озуқа; (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., №1591)

  • таъмини рушди бозори озуқа ва бартараф намудани монеаҳои савдои байниминтақавӣ, аз ҷумла дар хариди маҳсулоти кишоварзӣ, ашёи хом ва озуқа барои ташкилотҳои буҷетӣ; (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., №1591)

- ташаккули низоми дастрасии озуқа ба гурӯҳҳои ниёзманди аҳолӣ. (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., №1591)

3. Ҳангоми ба вуҷуд омадани бӯҳрони озуқаворӣ ё хатари он мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ метавонанд ба мӯҳлати муайян аз рӯи меъёр тақсим кардани озуқаро муқаррар намоянд.

Моддаи 4. Принсипҳои асосии таъмини амнияти озуқаворӣ

Принсипҳои асосии таъмини амнияти озуқаворӣ инҳоанд:

- таъмини дастёбии баробари бозори озуқаворӣ ба ташкилоту корхонаҳо новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ;

- роҳ надодан ба пастравии сатҳи кунунии таъмини амнияти озуқаворӣ дар сатҳи давлатӣ;

- истеҳсолкунандагони ватании маҳсулоти кишоварзӣ, ашёи хом ва озуқаро дар асоси рақобат дастгири кардани давлат;

- ташаккули захираҳои озуқа аз рӯи барномаи мақсаднок;

- бо мақсади ташаккул ва дастгирии мувозанати бозори дохилии озуқа дар асоси мониторинг қабул намудани қарорҳои идоракунӣ;

- баланд бардоштани аҳамияти ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, соҳавӣ ва ғайра дар соҳаи истеҳсол, интиқол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ашёи хом ва озуқа;

- шаффофияти иттилоот оид ба вазъи бозори озуқа;

- созгории пурраи талабот ба маҳсулоти хӯрокворӣ;

- ба қонунгузорӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ мутобиқ будани сифати озуқавории истеҳсолшаванда, воридшаванда ва фурухташаванда;

- ташаккул, азнавкунӣ ва пуррагардонии захираҳои давлатии озуқа новобаста ба таъсири омилҳои дохилӣ ва берунӣ;

- ташкили  истеҳсолоти  самарабахши  аграрӣ дар асоси истифодаи мақсаднок ва идоракунии захираҳои табиӣ бо мақсади таъмини аҳолӣ бо озуқа ва саноат бо ашёи хоми кишоварзӣ дар ҳаҷми зарурӣ барои рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат.

Моддаи 5. Тадбирҳои дастгирии давлати оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ

1. Мақсади дастгирии давлатӣ оид ба амнияти озуқаворӣ таъмини талаботи аҳолии давлат ба озуқаи ҳаётан муҳим аз ҳисоби истеҳсоли он аз ҷониби истеҳсолкунандагони ватании маҳсулоти кишоварзӣ, ашёи хом ва озуқа мебошад. (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., №1591)

2. Тадбирҳои асосии дастгирии давлатӣ инҳоанд:

- рушди заминаи моддию техникии истеҳсолкунандагони маҳсулоти  кишоварзӣ  бо  назардошти  фаъолияти  самараноки иншоотҳои мелиоративӣ  ва обёрикунанда дар асоси лизинги техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ;

- маблағгузории барномаҳои таъмини илмии пешбурди соҳа, мукаммалгардонии механизмҳои ташкили ва иқтисодии фаъолияти ташкилотҳои кишоварзӣ ва коркард оид ба рушди тухмипарварӣ, ниҳолпарварӣ, селексияи растанӣ ва зотпарварӣ;

- мусоидат ҷиҳати  истифодаи технологияҳои пешқадами истеҳсолот, коркард, нигаҳдорӣ ва истифодаи оқилонаи озуқа;

- мусоидат барои таъсиси иншоотҳои замонавии савдои яклухт (марказҳои тақсимкунӣ, бозорҳо ва маҷмааҳои яклухти озуқа);

- ташаккули системаи самараноки аз истеҳсолкунанда ба истеъмолкунандаи ниҳоӣ расониданн маҳсулоти кишоварзӣ, ашёи хоми кишоварзӣ ва озуқа;

- рушди инфрасохтори нақлиёти анборҳои савдои яклухти озуқа;

- дастгирии илмии мониторинги амнияти озукаворӣ ва амалӣ намудани чорабиниҳои дигаре, ки тибқи қонунгузорӣ пешбинӣ шудаанд.

БОБИ 2.

САЛОҲИЯТИ МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ

ОИД БА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ

Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ салоҳияти зеринро дорост:

– амалӣ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба амнияти озуқаворӣ;

– таҳия ва татбиқи барномаҳои   мақсадноки   амнияти озуқаворӣ;

– таъмин намудани мувофиқати озуқаи дар ҳудуди давлат истеҳсол ва фурухташаванда ба талаботи ҳатмии стандартҳои сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ; (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., №1591)

муайян намудани меъёри истеъмоли озуқаи ҳаётан муҳим барои аҳолӣ; (ҚҶТ аз 27.11.14 с. №1158; ҚҶТ аз 04.04.2019 с., №1591)

– идора кардани захираи давлатии озуқа ва масъул будан оид ба нигаҳдорӣ, истифода ва барқароршавии он;

– ташкил намудани ташхис ва таҳлили илмии маълумот оид ба таъмини аҳолӣ бо озуқа ҳаётан муҳим, инчунин омода кардани дурнамои вазъияти амнияти озуқаворӣ; (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., №1591)

– муайян намудани тартиби гузаронидани чорабиниҳои ҳифзи аҳолӣ дар шароити бӯҳронҳои озуқаворӣ;

– таъмин ва гузаронидани мониторинги вазъияти амнияти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– тибқи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудани боҷҳои содиротию воридотии мавсимӣ барои озуқаи ҳаётан муҳим; (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., №1591)

амалӣ намудани салоҳиятҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., №1591)

Моддаи 7. Ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., №1591)

  1. Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини амнияти озуқавориро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад ва фаъолияти онҳоро ҳамоҳанг месозад. (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., №1591)
  2. Ба ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ дохил мешаванд: (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., №1591)
  3. ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани тартиби ташаккулёбии номгӯй ва ҳаҷми захираи зарурии камнашавандаи озуқа;
  4. амалӣ намудани фаъолият дар самти таъмини бехатарии озуқа;
  5. таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани низоми чорабиниҳо оид ба дастрасии озуқа ба гурӯҳҳои ниёзманди аҳолӣ;
  6. мусоидат ба рушди инфрасохтори бозори дохилии маҳсулоти кишоварзӣ, ашёи хом ва озуқа;
  7. дар шароити буҳрони озуқаворӣ ва таҳдиди он пешниҳод намудани таклифҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муайян намудани меъёри тақсими озуқаи ҳаётан муҳим;
  8. якҷоя бо мақомоти дахлдори давлатӣ муайян намудани нархҳои кафолатноки хариди маҳсулоти кишоварзӣ, ашёи хом ва озуқа барои захираи давлатии озуқа;
  • амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., №1591)

Моддаи 8. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., №1591)

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ ваколатҳои зеринро амалӣ менамояд:

- татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба амнияти озукдворӣ дар ҳудуди худ бо назардошти шароити маҳал;

- таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсадноки минтақавӣ оид ба амнияти озуқаворӣ;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ки амнияти озуқавориро дар вилоят, шаҳр ва ноҳия таъмин менамоянд.

Моддаи 9. Чорабиниҳои ҳифзи аҳолӣ дар шароити бӯҳрони озуқаворӣ

Дар шароити бӯҳрони озуқаворӣ ва ё таҳдиди он мақомоти давлатии ваколатдор:

- аз рӯи меъёр тақсим кардани маҳсулоти асосии озуқаро барои мӯҳлати муайян муқаррар менамояд;

- нархи кафолатноки ашёи хомро муқаррар намуда, онро барои захираи давлатӣ бевосита аз истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ фавран мехарад;

- чорабиниҳои дигареро, ки қонунгузорӣ пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.

Моддаи 10. Барномаҳои мақсадноки давлатӣ оид ба таъмини амнияти озукаворӣ

1. Барномаҳои мақсадноки давлатӣ оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ таҳия ва бо тартиби дар қонунгузорӣ пешбинигардида тасдиқ карда мешаванд. (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., №1591)

2. Барномаҳои мақсадноки давлатӣ оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ чорабиниҳоро доир ба  татбиқи маҷмӯи  чораҳои дастгирии давлатӣ, ки дар қисми 2 моддаи 5 Қонуни мазкур муқаррар шудаанд, пешбинӣ менамоянд.

Моддаи 11. Захираи давлатии озуқа (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., №1591)

1. Захираи давлатии озуқа барои пешгирии таъмини номӯътадили аҳолӣ бо озуқа, инчунин барои расонидани кӯмаки башардӯстона мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил  карда мешавад. (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., №1591)

2. Захираи давлатии озуқа иборат аст аз: (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., №1591)

  • фонди захиравии озуқа;
  •  маҳсулоти кишоварзӣ, ашёи хом ва озуқаи дар доираи ҷойгиронии фармоиши давлатӣ харидашуда;
  • маҳсулоти кишоварзӣ, ашёи хом ва озуқаи дар гардиш қарордошта. (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., №1591)

БОБИ 3. ТАЪМИНОТИ ИТТИЛООТӢ ОИД БА АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ

Моддаи 12. Иттилоот ва мониторинг оид ба амнияти озукаворӣ

1. Иттилоот оид ба амнияти озуқаворӣ аз маълумоти зерин иборат мебошад:

- вазъияти истеҳсоли озуқа, таъминот ва истеъмоли он, ҷараёни тағйирёбии нишондиҳандаҳо;

- тавозуни ҷумҳуриявӣ ва минтакавии сатҳи зарурӣ ва воқеии истеҳсоли озуқа;

- вазъияти рушди маҷмааи агросаноатӣ, саноати хӯрокворӣ, хоҷагиҳои моҳипарварӣ, ҷангал ва шикор;

- маълумот оид ба озуқаи истеҳсол ва воридгардида, ҳаракат, нарх ва сифати он, инчунин ҷараёни тағйирёбии истеъмоли он дар давоми соли тақвими;

- маълумот оид ба ҳолати захираи давлатии маҳсулоти кишоварзӣ;

- вазъият ва равандҳои рушди бозорҳои дохилӣ ва хориҷии маҳсулот ва ашёи хоми кишоварзӣ;

- маълумот оид ба иҷрои барномаҳои мақсадноки давлатӣ оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ ;

- маълумот дар бораи муқаррар намудани регламентҳои техникӣ, стандарт ва меъёрҳои давлатӣ оид ба таъмини сифат ва бехатарии озуқа;

- даромади гурӯҳҳои гуногуни аҳолӣ;

- хароҷоти воқеии истеъмоли озуқа;

- сатҳи бекорӣ.

2. Тартиби  пешниҳоди маълумотро  дар  соҳаи  амнияти озуқаворӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Моддаи 13. Тавозуни сатҳи зарурӣ ва воқеии истеҳсоли озуқа

1. Тавозуни сатҳи зарурӣ ва воқеии истеҳсоли озуқа асоси системаи ҳисоби арзёбии сатҳи амнияти озуқаворӣ ва истиқлолияти озуқаворӣ, инчунин заминаи банақшагирии истеҳсол ва таҳвили озуқаи асосӣ мебошад.

2. Тавозуни солонаи сатҳи зарурӣ ва воқеии истеҳсоли озуқа аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлати тартиб дода мешавад. (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., №1591)

3. Дар асоси таҳлили вазъият ва дурнамои сатҳи зарурӣ ва воқеии истеҳсоли озуқа ва истеъмоли он мақомоти ваколатдори давлатӣ дар доираи татбиқи барномаҳои мақсадноки давлатӣ оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ: (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., №1591)

- ҳаҷми зарурии таҳвили озуқаи ҳаётан муҳим; (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., №1591)

- сатҳи пасттарини ҷоизи захираи маҳсулоти озуқаи ҳаётан муҳим дар бозори маҳсулоти кишоварзӣ, ашёи хом ва озуқа; (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., №1591)

- сатҳи баландтарини ҷоизи хароҷоти хариди озуқаро тасдиқ менамояд.

Моддаи 14. Сифат ва бехатарии озуқа барои истеъмол (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., №1591)

1. Сифат ва бехатарии озуқа барои истеъмол, ки дар ҳудуди давлат аз ҷониби шахсони хуқуқӣ ва воқеӣ истеҳсол, ворид ва фурӯхта мешаванд, бояд ба талаботи регламентҳои дахлдори техникӣ, меъёр ва қоидаҳои санитарӣ, байторӣ, фитосанитарӣ, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда мувофиқ бошанд. (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., №1591)

2. Назорати давлатии таъмини бехатарии озуқа барои истеъмол ва сифати он аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар доираи ваколатҳояшон амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., №1591)

3. Маҳсулоти кишоварзӣ, ашёи хом ва озуқавории ба ҳудуди давлат воридшаванда бояд дар бораи дар таркиби онҳо мавҷуд будан ё набудани манбаи ирсии тағйирёфта маълумот дошта бошанд. (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., №1591)

БОБИ 4.

МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 15. Шурои амнияти озуқаворӣ

1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳамоҳангсозии идоракунӣ ва қабули қарорҳои стратегӣ ва фаврӣ вобаста ба таъмини мӯътадил ва мунтазами аҳолӣ бо озуқаворӣ Шӯрои амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис медиҳад. (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., №1591)

2. Шӯрои амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми машваратӣ буда, дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Шӯрои амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Низомномаи  худро, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегарданд, ба роҳбарӣ мегирад. (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., №1591)

Моддаи 16. Таъмини амнияти озуқаворӣ

Амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҳолатҳо таъмингардида ҳисобида мешавад, агар: (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., №1591)

- истеҳсоли солонаи озуқаи ҳаётан муҳим камтар аз 80 фоизи талаботи солонаи аҳолиро ба намудҳои озуқа ташкил диҳад; (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., №1591)

-  сифат, ғизонокӣ ва бехатарии озуқаи ҳаётан муҳими ба бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардашуда тибқи қонунгузорӣ ба регламентҳои техникӣ ва талаботи меъёрҳои физиологӣ ҷавобгӯ бошанд; (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., №1591)

- дар бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини кафолатноки аҳолӣ бо озуқаворӣ дар ҳаҷми на камтар аз микдори тавсияшавандаи истеъмол мавҷуд бошад. (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., №1591)

Моддаи 17. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

 (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., №1591)

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., №1591)

Моддаи 18. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе

29 декабри соли 2010

№ 671

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ НАВЪҲОИ РАСТАНӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 10/02/2020 - 11:34
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
672
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
29.12.2010
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҲИФЗИ НАВЪҲОИ РАСТАНӢ
(ЗРТ от 02.01.18 г., №1482)
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2010, №12, мод. 831; Закон РТ от 02.01.2018 г., №1482)
 
Қонуни мазкур ҳифзи ҳуқуқии навъҳои растаниро ба танзим дароварда, асосҳои ҳуқуқии пешниҳод ва ҳифзи ҳуқуқҳои селексионерро муайян менамояд.
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
 
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- навъи растанӣ - гурўҳи набототии растаниҳое мебошад, ки ба табақаи (таксони) хурдтарини маълуми набототӣ мансуб буда, новобаста аз пурра қонеъ карда тавонистани шартҳо барои пешниҳоди ҳуқуқи селексионер метавонад аз рўи дараҷаи зоҳиршавии аломатҳое, ки натиҷаи татбиқи генотипи мазкур ё комбинатсияи гепотипҳо муайян гардад, аз ҳама гуна гурўҳҳои дигари растаниҳо бо дараҷаи зоҳиршавии ақаллан яке аз аломатҳо фарқ кунад, ҳамчун ҷузъи ягона аз нуқтаи назари қобилияти афзоиш ва ҳосилкунии растании комили ин навъи растанӣ баррасӣ шавад;
- селексионер – шахсе, ки навъи растаниро баровардааст ё навъеро кашф карда такмил додааст ё корфармои ў ва  ё ворисони ҳуқуқии онҳо;
- шаҳодатномаи ҳуқуқи селексионер – ҳуҷҷате, ки ҳуқуқи селексионерро барои ҳифзи навъи растанӣ тасдиқ менамояд;
- Феҳристи давлатии навъҳои ҳифзшавандаи растанӣ (минбаъд – Феҳрист) – махзани давлатии иттилоотӣ дар бораи навъҳои ҳифзшавандаи растанӣ, ки пешбурди он аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба санҷиш, бақайдгирӣ ва ҳифзи навъҳои растанӣ амалӣ карда мешавад;  (ЗРТ от 02.01.18 г., №1482)
- ҳуқуқи селексионерҳуқуқи селексионер ба навъи нави растанӣ, ки онҳоро Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд;  (ЗРТ от 02.01.18 г., №1482)
- Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи навъҳои нави растанӣ – иттиҳоди байналмилалие, ки онро давлатҳо ё ташкилотҳои байниҳукуматӣ – иштирокчиёни Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи навъҳои нави растанӣ бо мақсади расонидани кӯмак дар рушди соҳаи кишоварзӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқи селексионерон таъсис додаанд;  (ЗРТ от 02.01.18 г., №1482)
- аъзои Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи навъҳои нави растанӣ – давлатҳо ё ташкилотҳои байниҳукуматӣ – иштирокчиёни Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи навъҳои нави растанӣ(ЗРТ от 02.01.18 г., №1482)
- дархостдиҳанда – шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки барои ба даст овардани ҳуқуқи селексионер ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба санҷиш, бақайдгирӣ ва ҳифзи навъҳоирастанӣ дархост пешниҳод намудааст;  (ЗРТ от 02.01.18 г., №1482)
- вориси (ворисони) селексионер - шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вориси ҳуқуқии селексионер эътироф карда мешавад.  (ЗРТ от 02.01.18 г., №1482)
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи навъҳои растанӣ
 
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи навъҳои растанӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.  (ЗРТ от 02.01.18 г., №1482)
 
Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур
 
Қонуни мазкур ба ҷинсҳо ва намудҳои растаниҳо, ки номгўи онҳоро мақоми ваколатдори давлатӣ муайян мекунад, татбиқ мегардад ва он баъди на бештар аз 10 сол аз санаи мавриди амал қарор гирифтанаш нисбат ба тамоми ҷинсҳо ва намудҳои растаниҳо мавриди амал қарор дода мешавад.
 
Моддаи 4. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба санҷиш, бақайдгирӣ ва ҳифзи навъҳои растанӣ
 
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба санҷиш, бақайдгирӣ ва ҳифзи навъҳои растанӣ (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ) пешбурди сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи ҳифзи навъҳои растанӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд. Мақоми ваколатдори давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.  (ЗРТ от 02.01.18 г., №1482)
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ ба селексионери навъи растанӣ ҳуқуқи селексионери навъи растанӣ ва шаҳодатномаи ҳуқуқи селексионерро медиҳад, ки он ҳуқуқи ўро барои ҳифзи навъи растанӣ тасдиқ менамояд.
3. Мақоми ваколатдори давлатӣ вобаста ба ҳифзи навъҳои растаниҳо дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- пешбурди Феҳристро амалӣ месозад ва дастрас будани маълумоти онро таъмин менамояд;
- масъалаҳоро оид ба ташхиси (экспертиза)-и  дархостҳо ҳал мекунад;
- дар ҳолати ба шартҳои пешбининамудаи моддаҳои 8-11 Қонуни мазкур ҷавобгў будани навъи растанӣ, шаҳодатномаи ҳуқуқи селексионерро медиҳад;
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ваколатҳоро амалӣ менамояд.
4. Мақоми ваколатдори давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои ҳифзи навъҳои растанӣ, аз ҷумла оид ба расмиёти баррасии дархостҳо барои гирифтани ҳуқуқи селексионер, номи навъи растанӣ, ташхиси дархостҳо, нашри иттилооти даврӣ, расмиёти шикоят намудан ва санаи қайди навъи растанӣ дар Феҳрист қоидаю дастурамалҳо таҳия мекунад, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ тасдиқ карда мешаванд.  (ЗРТ от 02.01.18 г., №1482)
 
Моддаи 5. Пешниҳоди хизматрасонии музднок
 
Маблағи хизматрасоние, ки мақоми ваколатдори давлатӣ барои қабули дархост, гузарондани ташхиси навъи нави растанӣ, додани Шаҳодатномаи ҳуқуқи селексионер, интишори иттилооти расмӣ, аз ҷумла ворид намудани тағйирот ба дархост, пешниҳоди иқтибос аз Феҳрист, замима ва нусхаҳо анҷом медиҳад, аз ҷониби дархостдиҳанда бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад.  (ЗРТ от 02.01.18 г., №1482)
 
БОБИ 2. ШАРТҲОИ ПЕШНИҲОДИ ҲУҚУҚИ СЕЛЕКСИОНЕР
 
Моддаи 6.  Ҳуқуқ барои ҳифзи навъи растанӣ
 
1. Селексионер барои ҳифзи навъи нави растание, ки дастоварди фаъолияти селексионии ӯ мебошад ва ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, ҳуқуқ дорад.  (ЗРТ от 02.01.18 г., №1482)
2. Ҳуқуқи селексионер бо додани Шаҳодатномаи ҳуқуқи селексионер аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ ё дигар шакли ҳуҷҷати муҳофизатӣ, ки аз ҷониби давлати иштирокчии Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи навъҳои нави растанӣ дода шудааст, тасдиқ карда мешавад.  (ЗРТ от 02.01.18 г., №1482)
3. Ҳуқуқи селексионер мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон татбиқ ва ҳифз карда мешавад.  (ЗРТ от 02.01.18 г., №1482)
4. Селексионер ҳуқуқ дорад барои офаридан ё кашф намуда такмил додани навъи нави растанӣ подош гирад. Дар шартнома бо истифодабарандагони навъи нави растанӣ андоза, шартҳо ва муҳлати пардохти подош муайян карда мешаванд. Агар навъи нави растанӣ бо иштироки якчанд селексионер офарида ё кашф намуда, такмил дода шуда бошад, подош тибқи созишнома байни онҳо тақсим карда мешавад.  (ЗРТ от 02.01.18 г., №1482)
5. Ҳуқуқи селексионер барои ҳифзи навъи нави растанӣ бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дигар шахс ё шахсон (ворисон) дода мешавад ё мегузарад.  (ЗРТ от 02.01.18 г., №1482)
 
Моддаи 7. Меъёрҳо барои  ҳифзи навъи растанӣ
 
1. Ҳуқуқи селексионер дар ҳолати ҷавобгў будани навъи растанӣ ба меъёрҳои ҳифзи растанӣ дода мешавад.
2. Меъёрҳои зерин барои додани ҳуқуқи ҳифзи навъи растанӣ асос мебошанд:  (ЗРТ от 02.01.18 г., №1482)
- навин будан;
- фарқкунандагӣ;
- ҳамгунӣ;
- устуворӣ.
3. Додани ҳуқуқи селексионер аз шартҳои иловагӣ ё фарқкунандае, ки дар қисми 2 моддаи мазкур номбар шудаанд, вобаста намебошад, агар навъи растанӣ мутобиқи моддаи 22 Қонуни мазкур дорои ном бошад ва аз тарафи дархостдиҳанда расмиёти пешбининамудаи Қонуни мазкур риоя гардида бошад.
 
Моддаи 8. Навин будани навъи растанӣ
 
1. Навъи растанӣ  ҳангоме навин шуморида мешавад, ки агар маводи тухмӣ ё сабзонидашудаи ин навъи растанӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз як сол то санаи супоридани дархост ба мақоми ваколатдори давлатӣ аз тарафи худи селексионер ё бо розигии ў фурўхта нашуда бошад ё бо баъзе роҳҳо  ба шахсони дигар барои истифода дода нашуда бошад.  (ЗРТ от 02.01.18 г., №1482)
2. Навъи растанӣ ҳангоме навин шуморида мешавад, ки агар маводи тухмӣ ё сабзонидашудаи ин навъи растанӣ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фурўхта нашуда бошад ё бо дигар роҳҳо аз тарафи худи селексионер ба шахси дигар дода нашуда бошад ва ё бо розигии ў бештар аз чор сол (вобаста ба дарахтон ва токҳои ангур бештар аз шаш сол) то санаи ирсоли дархост ба мақоми ваколатдори давлатӣ барои истифода дода нашуда бошад.  (ЗРТ от 02.01.18 г., №1482)
 
Моддаи 9. Фарқкунандагии навъи растанӣ
 
Навъи растанӣ дар ҳолате фарқкунанда ҳисобида мешавад, ки агар он  дар вақти додани дархост аз ҳама навъҳои дигари растаниҳои маълуми мавҷудбуда ба таври назаррас фарқ кунад. Аз ҷумла, додани дархост барои гирифтани ҳуқуқи селексионер ё дохил намудани навъи растанӣ  ба Феҳрист дар ҳама давлатҳо навъи растаниро аз санаи супоридани дархост маълум мегардонад, ба шарте ки дар натиҷаи додани ин дархост ҳуқуқи селексионер дода шуда бошад ё навъи растанӣ ба Феҳрист дохил карда шуда бошад.  (ЗРТ от 02.01.18 г., №1482)
 
Моддаи 10. Ҳамгунии навъи растанӣ
 
Навъи растанӣ ҳамгун ҳисобида мешавад, агар он бо назардошти   тағйироти ҷузъие, ки дар  натиҷаи хусусиятҳои афзоиш метавонад ба вуқўъ ояд ва аз рўи аломатҳои ҷинсии худ ба таври кофӣ якхела бошад.
 
Моддаи 11. Устувории навъи растанӣ
 
Навъи растанӣ устувор ҳисобида мешавад, агар аломатҳои он баъди афзоиши чандкарата ё дар  давраи махсуси афзоиш дар охири ҳар як чунин давра бетағйир монад.
 
БОБИ 3. ДАРХОСТ БАРОИ ГИРИФТАНИ ҲУҚУҚИ СЕЛЕКСИОНЕР
(ЗРТ от 02.01.18 г., №1482)
 
Моддаи 12. Пешниҳоди дархост барои гирифтани ҳуқуқи селексионер
(ЗРТ от 02.01.18 г., №1482)
 
1. Дархостдиҳанда барои гирифтани ҳуқуқи селексионер дархости шакли дахлдорро пур карда, ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод мекунад.  (ЗРТ от 02.01.18 г., №1482)
2. Шакли дархост, номгўи хизматрасонӣ, номгўи маълумот, ҳуҷҷатҳо ва маводи зарурӣ барои гирифтани ҳуқуқи селексионер ва мўҳлати супоридани онҳо аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ  тасдиқ карда мешаванд.  (ЗРТ от 02.01.18 г., №1482)
3. Санаи супоридани дархост барои гирифтани ҳуқуқи селексионер санаи қабули дархост, ки он аз рўи тартиби муқарраршуда пешниҳод шудааст, ба ҳисоб меравад.  (ЗРТ от 02.01.18 г., №1482)
4. Селексионер метавонад дархостро барои гирифтани ҳуқуқи селексионер ба воситаи шахси дигари  боваринок супорад.
 5. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар асоси он, ки ҳифзи чунин навъи растанӣ  зарур намебошад ё пешниҳод барои ҳифзи он рад карда шуда буд ва ё мўҳлати фаъолияти он дар дигар давлат ё ташкилоти байниҳукуматӣ гузаштааст, наметавонад пешниҳоди ҳуқуқи селексионерро рад кунад ё мўҳлати фаъолияти ўро маҳдуд намояд. 
 
Моддаи 121. Додани Шаҳодатномаи ҳуқуқи селексионер
(ЗРТ от 02.01.18 г., №1482)
 
1. Шаҳодатномаи ҳуқуқи селексионер ба селексионер (селексионерҳо), вориси ӯ (ворисони онҳо), дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар дархости ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳоднамудаи селексионер (селексионерҳо) ё вориси ӯ (ворисони онҳо) нишон дода шудааст, дода мешавад.  (ЗРТ от 02.01.18 г., №1482)
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар сурати пешниҳод намудани дархост аз ҷониби якчанд дархостдиҳанда ба онҳо як Шаҳодатномаи ҳуқуқи селексионер медиҳад.  (ЗРТ от 02.01.18 г., №1482)
3. Агар селексионер ҳангоми иҷрои вазифаи хизматиаш навъи нави растаниро офарида ё онро кашф намуда, такмил дода бошад ва дар шартномаи (қарордоди) меҳнатии байни ӯ ва корфармо тартиби истифодаи навъи нави растанӣ баён нагардида бошад, Шаҳодатномаи ҳуқуқи селексионер ба корфармо дода мешавад.  (ЗРТ от 02.01.18 г., №1482)
 
Моддаи 13. Ҳуқуқи афзалият
 
1. Селексионере, ки бо тартиби муқарраршуда барои гирифтани ҳуқуқи селексионер ба яке аз аъзои Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи навъҳои нави растанӣ дархост додааст («дархости аввал»), дар давоми 12 моҳ аз ҳуқуқи афзалият ҷиҳати супоридани дархост ба мақоми ваколатдори давлатӣ барои гирифтани ҳуқуқи селексионер ба ин навъи растанӣ истифода мебарад. Ин мўҳлат аз санаи додани дархости аввал ҳисоб карда мешавад.  (ЗРТ от 02.01.18 г., №1482)
2. Барои он, ки селексионер аз ҳуқуқи афзалият истифода барад, вай дар дархости ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳоднамудааш афзалияти изҳори аввалро баён менамояд. Мақоми ваколатдори давлатӣ аз селексионер талаб мекунад, ки вай дар давоми се моҳ аз санаи додани дархост нусхаи ҳуҷҷатҳои дархости аввалро, ки мақоми ваколатдори давлатии дархости аввалро қабулнамуда тасдиқ кардааст, инчунин намуна ё дигар маводи шаҳодатдиҳандаи он, ки ин навъи растанӣ ифодагари ҳарду дархост мебошад, пешниҳод менамояд.  (ЗРТ от 02.01.18 г., №1482)
3. Ба селексионер барои ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод намудани ҳама гуна маълумот, ҳуҷҷатҳо ё дигар маводи зарурӣ барои гузаронидани ташхисе, ки дар моддаи 14 Қонуни мазкур пешбинӣ шудааст, баъди  ба охир расидани мўҳлати ҳуқуқи афзалият ду сол мўҳлат ё дар ҳолати рад ва ё бозхонд карда шудани дархости аввал, баъди чунин раддия ё бозхонд мўҳлате дода мешавад, ки  онро мақоми ваколатдори давлатӣ муайян мекунад.
4. Додани дархости дигар ё нашри он ва ё истифодаи навъи растанӣ, ки матлаби дархости аввал мебошад, дар ҳолате, ки агар он ба мўҳлати дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда мувофиқ бошад, наметавонад барои рад намудани дархости баъдина ва пайдо шудани ҳуқуқи шахсони сеюм асос гарданд.  (ЗРТ от 02.01.18 г., №1482)
 
Моддаи 14. Ташхиси дархост
 
1. Қарор оид ба додани ҳуқуқи селексионер баъди гузаронидани ташхис ҷиҳати  мутобиқ будани навъи растанӣ ба шартҳои дар моддаҳои 8-11 Қонуни мазкур пешбинишуда қабул карда мешавад. Дар рафти ташхис мақоми ваколатдори давлатӣ метавонад навъи растаниро сабзонад ё дигар санҷишҳои зарурӣ гузаронад, аз селексионер талаб намояд, ки навъи растаниро  сабзонида дигар санҷишҳои заруриро гузаронад ё натиҷаҳои санҷишҳои гузаронидашударо ба эътибор гирад.
2. Ҳангоми ташхис ҳамаи маълумоти расмӣ оид ба истифодаи қаблии навъи нави растанӣ, инчунин эътирози шахсони сеюм дар бораи ба қайди давлатӣ гирифтани навъи нави растанӣ ва нашри расмии давлатҳои иштирокчии Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи навъҳои нави растанӣ ба инобат гирифта мешаванд.  (ЗРТ от 02.01.18 г., №1482)
3. Барои мақсадҳои ташхис мақоми ваколатдори давлатӣ метавонад аз селексионер пешниҳод намудани тамоми маълумот, ҳуҷҷатҳо ё дигар маводи заруриеро талаб намояд, ки номгўи онҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешавад.  (ЗРТ от 02.01.18 г., №1482)
                                                                                                                 
Моддаи 15. Ҳифзи муваққатӣ
 
1. Бо мақсади таъмини манфиатҳои селексионер дар давраи аз санаи додани дархост барои додани ҳуқуқи селексионер ва нашри он то додани чунин ҳуқуқ ҳифзи муваққатӣ таъин карда мешавад. Дар ин давра  мақоми ваколатдори давлатӣ барои таъмини манфиатҳои селексионер чораҳо меандешад.  (ЗРТ от 02.01.18 г., №1482)
2. Дархостдиҳанда ҳуқуқ дорад ҳангоми дар давраи зикргардидаи қисми 1 моддаи мазкур аз ҷониби дигар шахсон бе иҷозат иҷро гардидани амалҳои пешбининамудаи моддаи 16 Қонуни мазкур, ки ҳуқуқҳои дархостдиҳандаро поймол мекунанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброни зарарро талаб намояд. Ҳифзи муваққатӣ нисбат ба амалҳое эътибор дорад, ки ҳангоми додани ҳуқуқ, гирифтани иҷозати селексионерро талаб менамоянд. Агар ҳуқуқи селексионер дода нашавад, ҳифзи муваққатӣ татбиқ карда намешавад.  (ЗРТ от 02.01.18 г., №1482)
 
БОБИ 4. ҲУҚУҚҲОИ СЕЛЕКСИОНЕР ВА ДАВОМНОКИИ ҲИФЗИ НАВЪИ РАСТАНӢ
 
Моддаи 16. Ҳуқуқҳои селексионер
 
1. Селексионер ба навъҳои нави растанӣ ҳуқуқи истисноӣ дорад, агар истифодаи онҳо ҳуқуқи дигар дорандагони Шаҳодатномаи ҳуқуқи селексионерро поймол накунад. Ҳуқуқи селексионер инчунин ба навъи нави растанӣ, ки аз маводи тухмии ҳифзшаванда офарида шуда, бе иҷозати селексионер мавриди истифода қарор гирифтааст, татбиқ карда мешавад.  (ЗРТ от 02.01.18 г., №1482)
2. Барои амалҳои зерин бо маводи тухмии навъи растании ҳифзшаванда гирифтани иҷозати селексионер  талаб карда мешавад:  (ЗРТ от 02.01.18 г., №1482)
- истеҳсол ё такрористеҳсолкунӣ;
-  хушсифат намудан бо мақсади афзоиши он;
- барои фурўш пешниҳод кардан;
- фурўш ё ба тарзи дигар ба гардиши тиҷоратӣ ворид сохтан;
- содирот;
- воридот;
- нигоҳдорӣ барои мақсадҳои  зикршуда.
3. Барои додани чунин иҷозат селексионер метавонад риояи шартҳо ва маҳдудиятҳои муайянро талаб намояд.  (ЗРТ от 02.01.18 г., №1482)
4. Амалҳои дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинишуда нисбат ба маводи навъи растанӣ, аз ҷумла растаниҳои  яклухт ва қисмҳои онҳо, ки дар натиҷаи бе иҷозат истифода намудани маводи тухмии навъи растании ҳифзшаванда сабзонида шудаанд, гирифтани иҷозати селексионерро талаб менамоянд, агар селексионер имконияти кофии истифодаи ҳуқуқи худро нисбат ба маводи тухмӣ надошта бошад.  (ЗРТ от 02.01.18 г., №1482)
5. Муқаррароти қисмҳои 2 ва 4 моддаи мазкур инчунин дар ҳолатҳои зерин истифода мешаванд:  (ЗРТ от 02.01.18 г., №1482)
- барои навъҳои растаниҳое, ки аслан аз навъи растании ҳифзшаванда сабзонида шудаанд, агар худи навъи растании ҳифзшаванда аз дигар навъи растанӣ сабзонида нашуда бошад;
- барои навъҳои растаниҳое, ки мутобиқи моддаи 9 Қонуни мазкур аз навъи растании ҳифзшаванда чандон фарқияти назаррас  надоранд;
- барои навъҳои растаниҳое, ки истеҳсоли онҳо истифодаи бисёркаратаи навъи растании ҳифзшавандаро талаб мекунад.
6. Маводи тухмии навъи нави растанӣ аз дигар навъи растанӣ (навъи ибтидоӣ)  сабзонида ҳисоб мешавад, агар он:  (ЗРТ от 02.01.18 г., №1482)
- бештар аз навъи ибтидоии растанӣ ё аз навъи растании дигар  сабзонида шуда бошад, ки он аз навъи ибтидоии растанӣ  сабзонида шудааст ва зимнан дараҷаи зоҳиршавии аломатҳои асосиро, ки натиҷаи  татбиқи генотип ё комбинатсияи генотипҳои навъи ибтидоии растанӣ мебошанд, нигоҳ дорад;
- аз навъи ибтидоии растанӣ  ба таври назаррас фарқ кунад;
- аз рўи дараҷаи зоҳиршавии аломатҳои асосӣ, ки натиҷаи татбиқи генотип ё комбинатсияи генотипҳои навъи ибтидоии растанӣ мебошанд, ба навъи ибтидоии растанӣ мувофиқат кунад, ба истиснои фарқиятҳое, ки сабабгори пайдоиши онҳо мегарданд.
7. Навъҳои аслан аз навъи растанӣ баровардашударо бо истифодаи интихоби табиӣ, индуксияи мутагенез, тағйироти сомаклонӣ, интихоб аз растаниҳои алоҳидаи навъи ибтидоӣ, беккросс ё таворуди (трансформатсияи) генҳо бо усули муҳандисии генӣ ба даст овардан мумкин аст.  (ЗРТ от 02.01.18 г., №1482)
 
Моддаи 17. Истисноҳо аз ҳуқуқҳои селексионер
 
1. Ҳуқуқи селексионер ба истифодаи маводи тухмии навъи нави растанӣ, ки бо мақсадҳои шахсии ғайритиҷоратӣ, барои гузарондани таҷриба ва офаридани навъҳои нави растанӣ, ба истиснои ҳолатҳои дар қисми 5 моддаи 16 Қонуни мазкур зикргардида истифода шуда ё амалҳои пешбининамудаи қисмҳои 2 ва 4 моддаи 16 Қонуни мазкур, ки нисбат ба ҳамин гуна навъҳои нави растанӣ иҷро мешаванд, татбиқ карда намешавад.
2. Ҳуқуқи селексионер бо мақсади таъмини манфиатҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ нисбат ба навъҳои ҳифзшавандаи растанӣ, ки хоҷагиҳои кишоварзӣ барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маводи тухмӣ истифода менамоянд, метавонад маҳдуд карда шавад.  (ЗРТ от 02.01.18 г., №1482)
 
Моддаи 18. Қатъ гардидани ҳуқуқи селексионер
 
  1. Ҳуқуқи селексионер ба амалҳо нисбат ба ҳар гуна маводи навъи растании ҳифзшаванда ё навъи растание, ки муқаррароти қисмҳои 5-7 моддаи 16 Қонуни мазкур фаро  гирифта, аз ҷониби селексионер ё бо розигии ў дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фурўхта шудааст ё ба тарзи дигар ба гардиши тиҷоратӣ ворид шудааст ва ё ҳар гуна маводе, ки аз маводи зикршуда сабзонида шудааст, татбиқ намегардад, агар  онҳо бо амалҳои зерин алоқаманд набошанд:  (ЗРТ от 02.01.18 г., №1482)
- афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маводи тухмии навъи нави растании ҳифзшаванда;  (ЗРТ от 02.01.18 г., №1482)
- бо содироти маводи навъи растанӣ, ки барои афзоиши навъи растанӣ дар кишваре, ки навъи растании чунин авлод ё намуди наботот ҳифз карда намешавад, ба истиснои содирот бо мақсади истеъмоли ниҳоӣ.
2. Барои мақсадҳои қисми 1 моддаи мазкур нисбат ба навъи растанӣ  ҳамчун мавод фаҳмида мешаванд:
- маводи тухмии ҳама гуна намуди растанӣ;
- маводи растанӣ, инчунин худи растанӣ ва  қисмҳои он;
- ҳама гуна маҳсулоте, ки бевосита аз маводи растанӣ гирифта шудааст.
 
 
Амалисозии озодонаи ҳуқуқи селексионерро танҳо дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд кардан мумкин аст. Дар ҳолате, ки агар чунин маҳдудият зимни аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ ба шахсони сеюм пешниҳод намудани иҷозат оид ба иҷрои амале, ки барои он гирифтани иҷозати селексионер зарур аст, ба вуҷуд ояд, он гоҳ селексионер   подоши моддӣ    мегирад.
 
Моддаи 20. Чораҳои танзимкунандаи фаъолияти тиҷоратӣ
 
Ҳуқуқи селексионер аз ҳама гуна чораҳое, ки бо мақсади ба танзим даровардани истеҳсол, сертификатсия, савдо ё воридоту содироти маводи навъҳои растанӣ пешбинӣ мешаванд, вобаста намебошад, ба истиснои чораҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи навъи растанӣ пешбинӣ  шудаанд.
 
Моддаи 21. Мўҳлати амали ҳуқуқи селексионер
 
Ҳуқуқи селексионер барои ҳифзи навъи растанӣ ба мўҳлати 20 сол (нисбат ба дарахтон ва токҳои  ангур ба мўҳлати 25 сол) аз санаи додани чунин ҳуқуқ  амал мекунад.
 
БОБИ 5. НОМИ НАВЪИ РАСТАНӢ
 
Моддаи 22. Номи навъи растанӣ
 
  1. Навъи растанӣ бояд ном дошта бошад, ки он аз ҷониби селексионер ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод  гардида, ҳамзамон бо дода шудани ҳуқуқи селексионер дар Феҳрист ба қайд гирифта мешавад. Бо назардошти қисми 4 моддаи мазкур ҳеҷ гуна ҳуқуқ нисбат ба номгузорӣ, ки ба сифати номи навъи растанӣ қайд  гардидааст, барои истифодаи озоди чунин номгузорӣ  вобаста ба навъи растании мазкур ҳатто пас аз гузаштани мўҳлати амали ҳуқуқи селексионер монеъ намешавад.
2. Номи навъи растанӣ бояд имкон диҳад, ки навъи растанӣ фарқ карда шавад. Номи навъи растанӣ наметавонад танҳо аз рақамҳо иборат бошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки он ба таҷрибаи қабулшудаи номи навъи растанӣ мувофиқат намояд. Он набояд нисбат ба аломатҳо, сифатҳо ва мушаххасоти навъи растании мазкур ё шахсияти селексионер ба иштибоҳ барад ё ба нофаҳмиҳо оварда расонад. Аз ҷумла, номи навъи растанӣ аз ҳама гуна номе, ки бо он навъи растании мавҷудаи ҳамин намуд ё намуди ба он наздик дар  ҳудуди яке аз аъзои Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи навъҳои нави растанӣ номгузорӣ шудааст, бояд фарқ дошта бошад.  (ЗРТ от 02.01.18 г., №1482)
3. Агар ошкор гардад, ки номи гузошташуда ба талаботи қисми 2 моддаи мазкур ҷавобгўй намебошад, он гоҳ мақоми ваколатдори давлатӣ бақайдгирии онро рад менамояд ва талаб мекунад, ки селексионер дар мўҳлати аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ муайяншуда номи дигарро пешниҳод намояд.
4. Ба ҳуқуқҳои пештар бадастовардаи шахсони сеюм  дахолат карда намешавад. Агар мутобиқи ҳуқуқҳои пештар бадастомада, истифодаи номи навъи растанӣ ба шахсе, ки онро бояд мутобиқи қисми 1 моддаи 23 Қонуни мазкур истифода барад манъ бошад, пас мақоми ваколатдори давлатӣ талаб менамояд, ки селексионер ба навъи растанӣ гузоштани номи дигарро пешниҳод намояд.
5. Навъи растанӣ бояд ба ҳамаи аъзои Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи навъҳои нави растанӣ бо як ном пешниҳод гардад. Мақоми ваколатдори давлатӣ номи бо чунин тартиб пешниҳодшударо ба қайд мегирад, танҳо ба истиснои ҳолате, ки агар  номи пешниҳодшударо қобили қабул нашуморад. Дар ин ҳолат мақоми ваколатдори давлатӣ бояд аз селексионер талаб кунад, ки номи дигарро пешниҳод намояд.
6. Мақоми ваколатдори давлатӣ  тамоми мақомоти салоҳиятдори аъзои Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи навъҳои нави растаниро оид ба масъалаҳои номи навъи растанӣ, аз ҷумла, дар бораи пешниҳод, бақайдгирӣ ва бекор намудани ном бо маълумоти дахлдор таъмин менамояд. Ҳама гуна мақомоти салоҳиятдори зикргардида метавонанд эродҳои худро дар хусуси бақайдгирии номи навъи растанӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ ирсол намоянд.
 
Моддаи 23. Истифодаи номи навъи растанӣ
 
1. Ҳар шахсе, ки маводи тухмии навъи растании дар Тоҷикистон ҳифзшавандаро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фурўш пешниҳод менамояд ё ба гардиши тиҷоратӣ мебарорад, ўҳдадор аст, ки номи навъи растаниро ҳатто пас аз ба охир расидани мўҳлати амали ҳуқуқи селексионер истифода намояд, ба шарте ки агар мутобиқи қисми 4 моддаи 22 Қонуни мазкур ҳуқуқҳои пешакӣ бадастомада барои чунин истифода мамоният накунанд.  (ЗРТ от 02.01.18 г., №1482)
2. Ҳангоми ба фурўш ё ба гардиши тиҷоратӣ баровардани навъи растанӣ мумкин аст, ки номи бақайдгирифташудаи навъи растанӣ якҷоя бо аломати молӣ, номи тиҷоратӣ ё дигар рамзи ба ин монанд истифода бурда шавад. Дар ҳолатҳои истифодабарии якҷоя бояд номи навъи растанӣ ба осонӣ  шинохташаванда бошад.
 
БОБИ 6. БЕЭЪТИБОР ДОНИСТАН ВА БЕКОР КАРДАНИ ҲУҚУҚИ СЕЛЕКСИОНЕР
 
Моддаи 24. Беэътибор  донистани ҳуқуқи селексионер
 
  1. Ҳуқуқи селексионер дар ҳолатҳои зерин аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ беэътибор дониста мешавад:
- агар муқаррар гардад, ки шартҳои дар моддаҳои 8 ё 9 Қонуни мазкур пешбинишуда дар лаҳзаи додани ҳуқуқи селексионер иҷро нашуда бошанд;
- дар ҳолатҳое, ки ҳуқуқи селексионер дар асоси маълумот ва ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи селексионер дода шуда бошад, вале шартҳои дар моддаҳои 10 ё 11 Қонуни мазкур пешбинишуда дар лаҳзаи додани   ҳуқуқи селексионер иҷро нашуда бошанд;
- агар ҳуқуқи селексионер ба шахсе  дода шуда бошад, ки ў  ба ин ҳуқуқ  надошта бошад, ба шарте ки чунин ҳуқуқи селексионер ба шахси  ҳуқуқдошта гузаронида нашавад.
  1. Беэътибор донистани ҳуқуқи селексионер ё вориси ӯ аз рўи ҳолатҳои дигаре, ки дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинӣ карда нашудаанд, манъ аст.  (ЗРТ от 02.01.18 г., №1482)
 
Моддаи 25. Бекор намудани ҳуқуқи селексионер
 
1. Агар муқаррар гардад, ки шартҳои дар моддаҳои 10 ё 11 Қонуни мазкур пешбинишуда иҷро намешаванд, мақоми ваколатдори давлатӣ метавонад ҳуқуқи селексионерро бекор намояд.
2. Ҳуқуқи селексионер бекор карда мешавад, агар тибқи дархости дахлдор ва дар мўҳлати муқаррагардида селексионер:
- ба мақоми ваколатдори давлатӣ маълумот, ҳуҷҷатҳо ё маводеро, ки барои санҷиши нигоҳдории ҳифзи навъи растанӣ заруранд, пешниҳод накарда бошад;
- ҳаққи хизматрасониро вобаста ба нигаҳдории ҳуқуқи ў напардохта  бошад;
- дар ҳолате, ки номи навъи растанӣ баъди пешниҳоди ҳуқуқи селексионер бекор карда шуда, номи дигари мувофиқро пешниҳод накарда бошад.
3. Ҳуқуқи селексионер ё вориси ӯ бо дигар асосҳое, ки дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур пешбинӣ  шудаанд, наметавонад бекор карда  шавад.  (ЗРТ от 02.01.18 г., №1482)
 
Моддаи 26. Пеш аз мўҳлат қатъ гардидани ҳуқуқи селексионер
 
1. Агар дорандаи ҳуқуқи селексионер ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар хусуси пеш аз мўҳлат қатъ намудани ҳуқуқи селексионер дархост пешниҳод намояд, пас ҳуқуқи селексионер то ба охир расидани санаи муқарраршуда қатъгардида ҳисобида мешавад(ЗРТ от 02.01.18 г., №1482)
2. Агар санаи қатъ гардидадни ҳуқуқи селексионер дар дархост нишон дода нашуда бошад, пас санаи қабули дархост дар бораи пеш аз мўҳлат қатъ намудани ҳуқуқи селексионер аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ ҳамчун санаи хотимаёбии ҳуқуқи селексионер муайян карда мешавад(ЗРТ от 02.01.18 г., №1482)
 
БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
 
Моддаи 27. Ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣ оид ба ҳифзи навъҳои растанӣ
 
1. Шаҳрвандони давлатҳои аъзои Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи навъҳои нави растанӣ, инчунин шахсони воқеӣ, ки дар ҳудуди аъзои Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи навъҳои нави растанӣ манзили зист доранд ё шахсони ҳуқуқӣ, ки дар ҳудуди аъзои Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи навъҳои нави растанӣ намояндагии бақайдгирифташуда доранд, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои он ҳуқуқҳое мебошанд, ки мутобиқи Қонуни мазкур ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.  (ЗРТ от 02.01.18 г., №1482)
  1. Барои мақсадҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда, мафҳуми «шаҳрванд» дар ҳолате, ки агар аъзои Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи навъҳои нави растанӣ давлат бошад – барои шаҳрвандони ин давлат ва агар аъзои Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи навъҳои нави растанӣ ташкилоти байниҳукуматӣ бошад – барои шаҳрвандони давлатҳои аъзои ин ташкилот истифода мешавад.
 
Моддаи 28. Ҳифзи ҳуқуқи селексионер
(ЗРТ от 02.01.18 г., №1482)
 
Ҳуқуқи селексионер ба навъи нави растанӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешавад.  (ЗРТ от 02.01.18 г., №1482)
 
Моддаи 29. Нашри даврии иттилоот
(ЗРТ от 02.01.18 г., №1482)
 
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар бораи ба қайди давлатӣ гирифтани навъи нави растанӣ дар нашриёти даврӣ ва сомонаи интернетии худ иттилооти расмӣ интишор менамояд. Иттилооти расмӣ маълумоти зеринро дар бар мегирад:  (ЗРТ от 02.01.18 г., №1482)
- дархости аз ҷониби дархостдиҳанда воридшуда барои гирифтани ҳуқуқи селексионер, натиҷаи мусбати ташхиси навъи нави растанӣ, ном ва афзалиятҳои навъ, ному насаб ва номи падари селексионер;  (ЗРТ от 02.01.18 г., №1482)
- қарори мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба додани Шаҳодатномаи ҳуқуқи селексионер.
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар нашриёти даврӣ ва сомонаи интернетии худ, инчунин оид ба дигар намудани номи навъи нави растанӣ, беэътибор будани Шаҳодатномаи ҳуқуқи селексионер ва маълумоти дигаре, ки ба ҳифзи навъи нави растанӣ дахл дорад, иттилоот интишор менамояд.  (ЗРТ от 02.01.18 г., №1482)
 
Моддаи 30. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани  Қонуни мазкур
 
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 31. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастовардҳои селексионии зироат»
 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 «Дар бораи дастовардҳои селексионии зироат» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, №22, мод. 257; с. 2002, №11, мод. 732) аз эътибор соқит дониста шавад.
 
Моддаи 32. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
 
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
         Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                     Эмомалӣ Раҳмон
 
      ш. Душанбе
 29 декабри соли 2010
      № 672
 
 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГИИ АҲОЛӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 10/02/2020 - 11:37
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
673
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
29.12.2010

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГИИ АҲОЛӢ

 

Қонуни мазкур принсипҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, молиявӣ ва иқтисодии сиёсати давлатиро дар соҳаи маърифати экологии аҳолӣ ба танзим медарорад.

     

 БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

 

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- сиёсати давлатӣ дар соҳаи маърифати экологии аҳолӣ -  фаъолияти мақомоти ваколатдори давлатӣ, ки ба таъмини шароит барои амалӣ намудани омӯзиши экологии аҳолӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ҷамъиятӣ ва шахсони воқеӣ ҷиҳати ташаккулёбии фарҳанги умумӣ ва тахассусии экологии шахс ва ҷомеа равона шудаанд;

- маърифати экологӣ - раванди таълим, ки мақсади он аз маърифати экологӣ баҳравар кардан, дар рӯҳи маърифати экологӣ таълиму тарбия додан, пойдор гардонидани фарҳанги экологӣ, дуруст ва оқилона муайян кардани тамоили донишандӯзӣ, нишон додани қобилият ва ташаккули рафтори дурусти шахсони алоҳида ва аҳолӣ оид ба ҳифз ва истифодаи табиат иборат мебошад;

- фарҳанги экологӣ - қисми таркибии фарҳанги умумибашарӣ ва миллиест, ки маҷмӯи муносибатҳои иҷтимоӣ, арзишҳои ахлоқӣ, меъёр ва усулҳои таъсири мутақобилаи ҷамъиятро бо муҳити зист дар бар мегирад ва меросан барои ташаккулёбии дониш ва маърифати экологӣ дар шуур ва ахлоқи ҷамъиятии одамон дар тӯли ҳаёт ва фаъолияти наслҳо, ки ба ҳаёти солим, болоравии маънавиёти ҷамъият, рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, бехатарии экологии кишвар ва  ҳар фарди алоҳида,  мусоидат менамояд;

- дониши экологӣ - бахши маърифати ҷамъиятиест, ки ба истифодаи бошууронаи табиат ва таъмини муҳити зисти бехатар барои инсон равона шудааст;

- дониши экологии ҳадди ақал - ҳаҷми камтарини донишҳои зарурӣ барои ҳар як узви ҷомеа, ки  мақсад аз он истеҳсоли бехавф ва каммасраф, сарфаи захираҳои табиӣ ва энергия, барқарорсозии хоҷагидорӣ ва дигар фаъолиятҳо, инчунин муҳити зист ва ташаккули муносибатҳои эҳтиёткорона ба он мебошад.

 

Моддаи 2. Принсипҳои асосии  сиёсати давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ

 

Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи маърифати экологии аҳолӣ инҳоянд:

- кафолати давлатии таъмини омӯзиши ҳадди ақали донишҳои зарурии экологӣ барои шаҳрванд;

- ҳатмӣ будани омӯзиши фанҳои маърифати экологӣ дар ҳамаи зинаҳои системаи таълимӣ;

- ворид намудани масъалаҳои маърифати экологӣ дар ҳамаи барномаҳои  давлатии мақсаднок ва соҳавӣ;

- мақсаднокии маърифати экологӣ дар ҳалли масъалаҳои  ҳифзи муҳити зист;

- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ  дар бахши маърифати экологӣ;

- ошкорбаёнӣ дар масъалаҳои ҷорӣ намудани сиёсати давлатӣ дар бахши маърифати экологӣ;

- иштироки ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон дар амалисозии сиёсати давлатӣ дар бахши маърифати экологӣ.

 

Моддаи 3. Мақсад ва вазифаҳои Қонуни мазкур

 

1. Мақсади Қонуни мазкур аз инҳо иборат мебошад:

- фаро гирифтани шаҳрвандон ва аҳли ҷомеа  бо донишҳои умумии экологӣ;

- мусоидат намудан ба ташаккули тарбия  ва фарҳанги экологӣ, созгории таъсири мутақобилаи  инсон, аҳли ҷомеа ва муҳити зист, ташаккули шахси ҳаматарафа инкишофёфта.

2. Вазифаҳои Қонуни мазкур чунинанд:

- таъмин ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон оид ба ривоҷу равнақи донишҳои экологӣ;

- таъмини кафолати ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, ташкилӣ, психологӣ ва дигар кафолатҳо барои ташаккул ва инкишофи таълим, тарбия ва фарҳанги экологии аҳолӣ;

- таъмини механизмҳои иҷрои вазифаҳо дар сохторҳои мавҷудаи системаи  иттилоот ва таълим.

 

Моддаи 4. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маърифати экологии аҳолӣ 

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маърифати экологии аҳолӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 5. Маърифати экологӣ ва фазои иттилоотӣ

 

Фазои маърифати экологӣ ва иттилоотии давлатӣ системаи воситаҳои ахбори омма, иншооти гуногуни соҳаҳои фаъолияти инсон (истеҳсолот ва хизматрасонӣ), фарҳанг ва фароғат, туризм ва варзиш, маҷмааҳои табиӣ (мамнӯъгоҳҳо, ёдгориҳои табиӣ, боғҳои миллӣ), инчунин маҷмааҳои таърихӣ - меъморӣ, мавзеъҳои шаҳрӣ ва деҳотиро дар бар мегирад, ки дар якҷоягӣ бо шабакаи муассисаҳои таълимӣ ба фароҳам овардани шароити мувофиқ барои ташаккули фарҳанги экологии ҷамъияту шахс равона шудаанд.

 

Моддаи 6. Доираи татбиқи Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур тамоми сохторҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои таълимӣ ва истеҳсолӣ, воситаҳои ахбори омма, истифодабарандагони табиат, аҳли ҷомеа ва шаҳрвандонро фаро мегирад.
 

БОБИ 2. СИСТЕМАИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГИИ АҲОЛӢ

 

Моддаи 7. Системаи маърифати экологии аҳолӣ

 

Системаи маърифати экологӣ қисми таркибии системаи ягонаи таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Он маҷмӯи меъёрҳои бо ҳам алоқаманди давлатии таҳсилот, барномаҳои таълимии зинаю самтҳои гуногун буда ҳамгироии омӯзиш ва фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, мақомоти идораи маорифро таъмин менамояд.

 

Моддаи 8. Сохтори системаи маърифати экологии аҳолӣ

 

1. Маърифати экологии аҳолӣ зинаҳои зерин дорад:

- маърифат ва тарбияи экологии томактабӣ (маърифати экологӣ дар оила ва муассисаҳои томактабӣ);

- маърифати экологӣ дар таҳсилоти умумӣ;

- маърифати экологӣ дар таҳсилоти ибтидоии касбӣ;

- маърифати экологӣ дар таҳсилоти миёнаи касбӣ;

- маърифати экологӣ дар таҳсилоти олии касбӣ;

- маърифати экологӣ дар таҳсилоти олии касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;

- маърифати экологӣ дар таҳсилоти махсус ва иловагӣ;

- маърифати экологии табақаҳои васеи аҳолӣ, аз он ҷумла дар Қувваҳои Мусаллаҳ.

2. Таълими фанҳои марбути экологияи ҳамаи зинаҳои таҳсили  системаи маориф бо риояи меъёрҳои давлатии таҳсилот ба роҳ  монда мешаванд.

 

Моддаи 9. Барномаҳои давлатии маърифати экологии  аҳолӣ

 

1. Асоси ташкилии сиёсати давлатӣ дар соҳаи маърифати экологӣ барномаи комплексии давлатии маърифати  экологии аҳолӣ  мебошад.

2. Маърифати экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи барномаҳои давлатӣ татбиқ мегардад. Барномаҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори идораи давлатӣ  бо ҷалби  ташкилотҳои ҷамъиятӣ таҳия карда мешаванд. Салоҳияти ташкилотҳои ҷамъиятиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. Барномаҳо мутобиқи талаботи меъёрҳои давлатӣ таҳия мешаванд.

 

Моддаи 10. Маблағгузории системаи маърифати экологии аҳолӣ

 

Масъалаҳои татбиқ, маблағгузорӣ ва сертификатсияи барномаҳои комплексӣ, мақсаднок, соҳавӣ ва маҳаллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд. Иҷрои барномаҳои давлатии маърифати экологии аҳолӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ  карда  мешавад.
 

БОБИ 3. ИДОРАИ СИСТЕМАИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГИИ АҲОЛӢ
 

Моддаи 11. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маърифати экологии аҳолӣ

 

Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маърифати экологии аҳолӣ аз инҳо иборат аст:

- муайян кардани самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар ин соҳа ва фароҳам овардани шароит барои амалӣ намудани онҳо, ташкили системаи маърифати экологӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ;

- таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои комплексии давлатии маърифати экологӣ ва дигар барномаҳои мақсаднок ва соҳавӣ, ки масъалаҳои маърифати экологиро дар бар мегиранд;

- иштирок дар таҳияи барномаҳои байналмилалии таълимии экологӣ;

- муқаррар намудани тартиби сертификатсияи фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва ташкилотҳо оид ба масъалаҳои ташкили маърифати экологӣ ва бақайдгирии давлатии онҳо;

- муқаррар намудани тартиби санҷиши малакаи касбӣ - экологии хизматчиёни давлатӣ ва мутахассисоне, ки фаъолияташон ба расонидани таъсири зарарнок ба муҳити зист ва саломатии инсон вобастагӣ дорад, инчунин ходимони соҳаҳои маориф, ҳифзи саломатӣ, илм ва фарҳанг;

- тайёр намудани мутахассисони эколог, кадрҳои илмию педагогӣ ва хизматчиёни давлатӣ барои соҳаи маърифати экологӣ ва баланд бардоштани савияи дониши онҳо;

- таъмини системаи маърифати экологӣ бо маводи илмию методӣ ва иттилоотӣ.

 

Моддаи 12. Салоҳияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот

 

Ба салоҳияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи маърифати экологии аҳолӣ  инҳо дохил мешаванд:

- ташкил ва таъмини системаи маърифати экологӣ дар сатҳи маҳал;

- таъсиси комиссияи байниидоравии минтақавӣ дар бахши маърифати экологӣ;

- иштирок дар таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маърифати экологӣ;

- таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои маҳаллӣ дар соҳаи маърифати экологӣ;

- таъмин намудани муассисаҳо, ташкилотҳо ва мақомоти идоракуние, ки ба фаъолият дар соҳаи маърифати экологӣ машғуланд, бо маводи иттилоотӣ ва илмию методӣ;

- санҷиши малакаи касбӣ - экологии хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки ба масъалаҳои маърифати экологӣ машғуланд;

- ташкили системаи тайёркунӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои педагогӣ ва идоракунӣ дар системаи маърифати экологӣ, мутахассисони эколог, кормандони воситаҳои ахбори омма, фарҳанг, роҳбарон ва шахсони мансабдори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо, мутахассисон ва шаҳрвандоне, ки фаъолияташон ба муҳити зист ва саломатии инсон таъсири зарарнок мерасонад;

- назорат ва таъмини иҷрои қонунгузорӣ дар соҳаи маърифати экологӣ.

 

Моддаи 13. Иштироки ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон дар маърифати экологӣ

 

1. Дар соҳаи маърифати экологии аҳолӣ ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон чунин ҳуқуқҳо доранд:

- омода намудани пешниҳодҳо ҷиҳати такмил ва амалӣ сохтани сиёсати давлатӣ дар соҳаи маърифати экологӣ;

- ширкат дар озмунҳо барои таҳияи лоиҳаҳо оид ба маърифати экологӣ;

- ширкат дар омода намудани барномаҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи маърифати экологӣ.

2. Ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон фаъолияти маърифати экологиро дар асоси сертификати давлатие амалӣ менамоянд, ки тартиби гирифтани онро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст.

3. Ташкилотҳо ва шаҳрвандоне, ки ба фаъолияти маърифати экологӣ машғуланд, ҳуқуқи ба мақомоти дахлдор дархост пешниҳод намудан ва гирифтани маълумоти дақиқи экологиро доранд.

4. Ҳар як шаҳрванд ҳуқуқи гирифтани дониши экологиро дорад.

5. Падару модар ва шахсони ба онҳо баробар кардашуда вазифадоранд, ки кӯдаконро дар рӯҳияи муносибати ғамхорона ва масъулиятшиносӣ нисбат ба муҳити зист тарбия намоянд.

 

Моддаи 14. Ҳамоҳангсозии фаъолияти байниидоравӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ

 

1. Барои таҳияи пешниҳодҳо оид ба масъалаҳои маърифати экологӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолият байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои манфиатдор дар соҳаи маърифати экологӣ комиссияҳои байниидоравӣ таъсис дода мешаванд.

2. Комиссияи байниидоравии давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис медиҳад.

3. Комиссияи байниидоравии минтақавиро мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсис медиҳанд.

4. Ба ҳайати комиссияи байниидоравии давлатӣ намояндагони вазорату идораҳои мутасаддии соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, иқтисод, молия, тандурустӣ ва назорати санитарию эпидемиологӣ, меҳнат, мудофиа, ҳолатҳои фавқулодда, корҳои хориҷӣ, ҳифзи муҳити зист ва воситаҳои ахбори омма шомил карда мешаванд.

5. Ба ҳайати комиссияи байниидоравии маҳаллӣ намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шомил карда мешаванд.

 

Моддаи 15. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи маърифати экологии аҳолӣ

 

Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи маърифати экологии аҳолӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, амалӣ карда мешаванд.

 

БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 16. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 17. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

 

Қонун мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

        Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                       Эмомалӣ  Раҳмон

 

           ш. Душанбе

 29 декабри соли 2010,

              № 673

 

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БАЙТОРӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 10/02/2020 - 11:39
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
674
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
29.12.2010

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ БАЙТОРӢ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2010, №12, қ. 1, мод. 833; с. 2012, №7, мод. 704; с. 2016, №11, мод. 880)

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, ташкилӣ, иқтисодию молиявии фаъолиятро дар соҳаи байторӣ муайян намуда, ба таъмини офияти беҳдошти байторӣ ва эпизоотӣ, ҳифзи аҳолӣ аз бемориҳои умумии ҳайвоноту инсон, бехатарии маҳсулоти ҳайвонот ва растаниҳо, маводи байторӣ, хўрок ва иловаҳои хўроки ҳайвонот равона шудааст.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

 

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- ангезандаҳои бемориҳои ҳайвонот - вирусҳо, бактерияҳо, риккетсияҳо, хламидияҳо, микоплазмаҳо, прионҳо, соддатаринҳо, мағоракҳо, кирмҳо, канаҳо ва ҳашаротҳо;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1364)

- аттестатсияи байторӣ (беҳдошти байторӣ) - фаъолиятест, ки мутобиқати шароити истеҳсолӣ, нигоҳдорӣ, воридот, содироти объектҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордоштаро ба талаботи муқаррарнамудаи  мақомоти ваколатдор тасдиқ менамояд;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1364)

- бехатарии биологӣ – низоми тадбирҳо ва воситаҳои байторию биологӣ, ташкилӣ ва муҳандисию техникӣ, ки барои ҳифзи объектҳои таҳти назорати давлатии байторӣ пешбинигардида, ҳайати кормандону пажўҳишгарон, аҳолӣ ва муҳити зист аз таъсири ангезаҳои иллатзои биологӣ равона гардидаанд, инчунин гузаронидани чорабиниҳо оид ба паст кардани хатари ангезаҳои биологӣ ё заҳрҳои онҳо ба сифати силоҳи биологӣ(ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1364)

- таҳдид – эҳтимолияти риоя нагардидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи байторӣ(ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1364)

- идоракунии таҳдид – тарзу усулҳои амалисозии чорабиниҳои пешгирикунанда, ки барои муайян намудани услубҳои назорати огоҳкунии таҳдид имкон медиҳанд;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1364)

- арзёбии таҳдид – мунтазам муайян намудани афзалиятҳои идоракунии таҳдид тавассути арзёбӣ ва муқоисаи дараҷаи он бо стандартҳои қаблан дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи байторӣ муқарраршуда;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1364)

- огоҳкунӣ аз таҳдид – мубодилаи саривақтӣ ва мунтазами иттилооти объективӣ ва хулосаҳо оид ба хатар ва таҳдид, натиҷаҳои арзёбии таҳдидҳо, қарорҳои қабулгардида дар рафти идоракунии таҳдид байни баҳогузорони таҳдид ва шахсоне, ки барои идоракунии таҳдид ва истеъмолкунандагон масъул мебошанд;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1364)

- муҳофизати байторию биологӣ – татбиқи амалии принсипҳо ва услубҳои таъмини бехатарии биологӣ, ки барои ҳимояи кормандони соҳа аз таъсири манфии кор дар ташхисгоҳҳои байторӣ (клиникӣ ва пажўҳишӣ) равона гардидааст;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1364)

- маҳсулоти ҳайвонот - ҳама чизе, ки аз ҳайвонот барои коркард гирифта мешавад;

- байторӣ (соҳаи байторӣ) - доираи донишҳои махсуси илмӣ ва фаъолияти амалие, ки ба ҳифзи ҳайвонот, омўзиши беморӣ ва заҳролудшавии ҳайвонот, ташхис, табобати ҳайвоноти бемор ва барҳам задани манбаи бемории он, таъмини мутобиқати объектҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта ба талаботи Қонуни мазкур, инчунин ҳифзи аҳолӣ аз бемориҳои барои ҳайвонот ва инсон умумӣ равона карда шудааст;

- байтор - шахсе, ки дар соҳаи байторӣ таҳсилоти дахлдор дорад;

- бақайдгирии давлатии маводи байторӣ - аз ҷониби мақомоти ваколатдор бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани маводи байторӣ ба Феҳристи давлатии маводи байторӣ ва дар ин хусус додани шаҳодатномаи бақайдгирӣ;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1364)

- бехатарии беҳдошти байторӣ - ҳолати объектҳое, ки таҳти назорати давлатии байторӣ буда, барои саломатии ҳайвонот ва одам дар шароити муқаррарии истифодаашон бехатаранд;

- бозор - ҷои махсуси таҷҳизонидашуда, аз ҷумла ҷои хариду фуруши  ҳайвонот, маҳсулоти он, маводи байторӣ, хўроки ҳайвонот, хўрокиҳои ба он иловашаванда;

- борҳои таҳти назорати мақомоти давлатии байторӣ қарордошта - ҳайвонот, аз ҷумла ҳайвоноти ваҳшӣ, хонагӣ, маҳсулоти ҳайвонот, маҳсулоти растанӣ, маводи байторӣ,  хўроки ҳайвонот ва хўрокиҳои ба он иловашаванда, инчунин маҷмўи маводи аз ҳайвонот сохташуда;

- дезинсексия – нобуд кардани ҳашароти буғумпо, ки гузаронандагони ангезаҳои бемориҳои сироятӣ (паразитӣ) мебошанд;

- дератизатсия - нобуд кардани хояндаҳое, ки гузаронандагони ангезаҳои бемориҳои сироятӣ (паразитӣ) мебошанд;

- таъбиз (дискриминация) – муқарар намудани ҳуқуқи пасттарбарои ягон давлат, шахсони воқей ва ҳуқуқии он нисбат ба давлати дигар, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии он; (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №854)

- иловаҳои хўроки ҳайвонот - моддаҳое, ки таркиби органикӣ ва ғайриорганикӣ доранд, аз ҷумла: микроэлементҳо, витаминҳо, орди гўшту устухони ҳайвонот, хуни ҳайвонот, равғани моҳӣ, гўшмоҳиҳои баҳрӣ, сафедгил (бентонит), партовҳои корхонаҳои коркарди маҳсулоти ҳайвонот ва растанӣ, ки ба хўроки ҳайвонот илова карда мешаванд;

- карантин - низоми хуқуқӣ, ки системаи чорабиниҳои байторӣ ва маъмурию хоҷагидориро пешбинӣ мекунад ва ба маҳдуд ё қатъи робитаҳои хоҷагидорӣ, муваққатан боздоштани интиқоли  борҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта байни манбаи эпизоотӣ, маҳалли носолим ва ҳудудҳои аз ҷиҳати беҳдошти байторӣ солим бо мақсади нобуд кардани манбаи эпизоотӣ ва ба  роҳ надодан ба паҳншавии беморӣ равона карда шудаанд;

- қоидаҳои байторӣ - санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки тартиби гузаронидани чорабиниҳои байториро дар асоси меъёрҳои байтории тасдиқкардаи мақомоти ваколатдори давлатии байторӣ муайян мекунад ва иҷрои он барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дар соҳаи байторӣ фаъолияткунанда  ҳатмист;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1364)

- коркарди махсуси маҳсулоти ҳайвонот - коркарди маҳсулоти ҳайвоноти гирифтори бемориҳои муайяни сироятӣ, ки ин маҳсулотро барои истеъмоли одамон мувофиқ мегардонад;

- забҳи махсус – дар ҷойҳо ва корхонаҳои махсус таҷҳизонидашуда забҳ кардани  ҳайвонҳое, ки  гирифтори ин ё он бемории сироятианд;

- манбаъи эпизоотӣ - марзи маҳдуд ё бино, ки дар он манбаи ангезаи сироят, омилҳои гузаронанда ва ҳайвоноти ба беморӣ гирифторшаванда ҷойгиранд;

- маводи байторӣ - моддаҳои биологӣ, растаниҳо, кимиёвӣ, фармасевтӣ, барои сироятзудоӣ (дезинфексиякунанда), дезинсексия, дератизатсия, ташхис, пешгирию табобати бемории ҳайвонот, инчунин асбобҳо, таҷҳизот, масолеҳ ва воситаҳои нақлиёти махсус; 

- таркибҳои ирсӣ - нутфа, ҳуҷайратухм, ҷанини ҳайвонот, зочаи занбўр, тухми бордоршудаи моҳӣ, тухми инкубатсионӣ, парвардаи ҳуҷайраҳо, маҳсулоти технологияи ирсию муҳандисӣ, маводи зотӣ гаметаҳо, зиготаҳо (пилла, кирми пилла, зоча);

- маҳсулоти растанӣ – маҳсулоте, ки барои ғизои одам ва ҳайвонот истифода мешавад;

- маҳсулоти гўштӣ - маҳсулоти саноатие, ки аз гўшти ҳайвонот барои истеъмоли одам ва ҳайвонот тайёр карда мешавад;

- маҳсулоти ҳайвонот - маҳсулоти истеъмолӣ ва саноатии аз он тайёршуда, инчунин ихроҷи ҳайвонот ва маҳсулоти саноатии аз он тайёршуда;

- маҷмўи корҳои вобаста бо маҳсулоти ҳайвонот – истеҳсол, таҳия, коркард ва фурўши маҳсулоти ҳайвонот, дигар намуди интиқоли пулакӣ ё ройгони маҳсулоти ҳайвонот, содирот ва воридоти маҳсулоти ҳайвонот ё дигар фаъолияте, ки дар натиҷаи он маҳсулоти ҳайвонот ба шахсони дигари машғул ё истеъмолкунанда дастрас карда мешавад;

- маҳсулоти ширӣ - маҳсулоти саноатие, ки аз шири ҳайвонот барои истеъмоли одам ва ҳайвонот тайёр карда мешавад;

- мониторинги эпизоотологӣ - низоми ҷамъоварии маълумот оид ба миқдори мавҷудияти бемориҳои ҳайвонот, сифати чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ, беҳдошти байторӣ, зоогигиенӣ, инчунин сифат ва бехатарии озуқа, хўроки ҳайвонот ва иловагиҳои хўроки ҳайвонот ба он иловашаванда бо мақсади сари вақт ошкор намудани мувофиқати он ба талабот ва стандартҳои муқарраргардида;

- муоинаи узвӣ (органолептикӣ) - арзёбии сифати маҳсулот бо ёрии узвҳои ҳис;

- нобудсозии ҳайвонот ва маҳсулоти он - куштану сўхтан ё гўрондани ҳайвонҳои гирифтори бемориҳои сироятии муайян, ки номгўи онҳоро мақомоти ваколатдор муайян намудааст ва маҳсулоти онҳо, ки омили сироятёбии ҳайвонот ва одам шуда метавонанд, инчунин маҳсулоти ҳайвоноти солим, ки ба талаботи беҳдошти байторӣ ҷавобгў намебошад;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1364)

- нобудсозии дорувории байторӣ - сўзонидани дорувории байтории ба стандарти давлатӣ номувофиқ ё мўҳлати истифодааш ба охиррасида;

- маҳалли носолим - ҳудуде, ки дар он манбаъи  эпизоотӣ муайян карда шудааст;

- нумўяҳои (стимуляторҳои) биологӣ - ҳама гуна моддаҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъоли табиӣ ва сунъӣ;

- объектҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта - ҳайвонот, ҳуҷайраҳои ҷинсӣ ва ғайриҷинсӣ (соматикии) ҳайвонот, маҳсулоти ҳайвонот ва растанӣ, маводи байторӣ, хўрок ва хўрокиҳои ба он иловашаванда, микроорганизмҳо ва хайлҳои (штаммҳои) онҳо, асбобҳо, таҷҳизоти байторӣ, воситаҳои нақлиёт, зарфҳо, маводи борпечонӣ, ҳудуд, биноҳои парвариш, истеҳсол ва коркарди маҳсулоти ҳайвонот, бозорҳо, саллоххонаҳо, амборҳои нигоҳдории маҳсулот ва ашёи хоми ҳайвонот, ки метавонанд омили гузаронидани ангезаҳои бемориҳои ҳайвонот бошанд, инчунин фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки бо парвариш, захиракунӣ, интиқол, нигаҳдорӣ, коркард, фурўш ва истифодаи объектҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта машғуланд;

- ташхисгоҳи муоинаи беҳдошти байторӣ - шахси ҳуқуқӣ ё воҳиди  махсуси шахси ҳуқуқӣ, ки муоинаи беҳдошти байтории маҳсулоти ҳайвонотро  дар бозорҳо ё ҷойҳои дигар амалӣ месозанд;

- партовҳои ҳайвонот - лоша ва маҳсулоти ҳайвонот, ки барои истеъмоли инсон нораво мебошанд;

- таҳқиқи (апробатсияи) маводи байторӣ - аз рўи тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори  давлатӣ  дар соҳаи байторӣ таҳқиқ кардани маводи байторӣ дар шароити ташхисгоҳҳо ё шароити  истеҳсолӣ бо мақсади муайян намудани хосиятҳои иммунобиологӣ, табобатӣ, заҳрнокӣ, самаранокии эпизоотологӣ, мавҷуд набудани оқибатҳои маводи байторӣ ва бехатарии онҳо барои муқаррар намудани  имконияти истифодабарӣ дар таҷрибаи байторӣ;

- ташхиси (экспертизаи) беҳдошти байторӣ - санҷиши мутобиқати ҳайвонот, маҳсулот ва ашёи хоми онҳо ба меъёрҳои байторӣ бо роҳи гузаронидани маҷмўи таҳқиқҳои узвӣ (органолептикӣ), биокимиёвӣ, микробиологӣ, паразитологӣ, токсикологӣ ва радиологӣ;

- санҷишҳои бақайдгирии маводи байторӣ - маҷмўи усулҳое, ки  бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдор барои муайян намудани мутобиқати маводи байторӣ ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1364)

- сертификати байторӣ - ҳуҷҷати байналмилалие, ки мақомоти ваколатдор дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёти тарафи содиркунанда оид ба мутобиқати моли содиршаванда ба талаботи мамлакати воридкунанда медиҳад ва дар он аз ҷиҳати беҳдошти байторӣ бехатар будани бори таҳти назорати давлатии байторӣ ва солимии минтақа ё маҳалли истеҳсоли онро нишон медиҳад;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1364)

- сертификати мутобиқат - ҳуҷҷати дар асоси қоидаҳои низоми сертификатсия додашуда, ки мутобиқати маҳсулоти сертификатсияшударо ба талаботи санадҳои меъёрӣ тасдиқ менамояд;

- сертификатонӣ - амале, ки мутобиқати маҳсулотро ба талаботи муқарраршуда тасдиқ менамояд;

- сироятзудоӣ (дезинфексия) - барканор ё нобуд кардани ангезаҳои бемориҳои сироятӣ (паразитӣ) аз муҳити зист, бино, нақлиёт, ки бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи байторӣ гузаронида мешавад;

- фаъолияти байторӣ - соҳаи фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба муҳофизати саломатии ҳайвонот, муҳофизати инсон аз бемориҳои барои ҳайвонот ва инсон умумӣ, гирифтани маҳсулоти аз ҷиҳати беҳдошти байторӣ хушсифати ҳайвонот равона шудааст;

- феҳристи давлатии маводи байторӣ - номгўи аз тарафи мақомоти ваколатдор нашршаванда оид ба маводи байторие, маълумот медиҳад, ки аз қайди давлатӣ гузашта, барои истеҳсол ворид ва истифода кардан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1364)

- хайли (штамми) микроорганизм - насли аз ҷиҳати ирсӣ ягонаи микроорганизми намуди муайян, ки дорои шакл ва хислатҳои ба худ хоси биологӣ мебошад;

- ҳайвонот - ҳамаи ширхўрон, паррандаҳо, хазандаҳо, обхокиҳо, занбўри асал, моҳӣ ва дигар ҳайвонот, ки дар шароити сунъӣ нигоҳ дошта мешаванд ё дар табиат  озодона зиндагӣ мекунанд;

- ҳайвоноти хоҷагӣ - ҳайвонҳое, ки бо мақсади гирифтани  маҳсулот ё насли онҳо парвариш  карда мешаванд;

- ҳайвоноти хонагӣ – ҳайвонот ва паррандаҳое, ки бо мақсади ғайрихоҷагӣ дар хона нигоҳ дошта мешаванд;

- ҳуҷҷатҳои байторӣ – хулосаи беҳдошти байторӣ, шаҳодатномаи байторӣ, сертификати байторӣ, маълумотномаи байторӣ, ки аз ҷониби нозирони давлатии байторӣ ба объектҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта дода мешаванд;

- чорабиниҳои байторӣ (кор ва хизматрасонӣ) - маҷмўи қоидаҳои зиддиэпизоотӣ, беҳдошти байторӣ, ки барои пешгирии пайдоиш, паҳншавӣ ё барҳам додани бемориҳои ҳайвонот, аз ҷумла пешгирӣ, табобат ё ташхиси онҳо, безараргардонӣ (бесироятгардонӣ), мусодира ва нобудсозии ҳайвоноти гирифтори бемориҳои сироятии барои ҳайвонот ва инсон хатарнок, таъмини бехатарии маҳсулоти ҳайвонот ва растанӣ, инчунин тадбирҳои нишонагузории ҳайвонот равона карда шудаанд;

- чорво (чорпоён) - гову гўсола, говмеш, бузу гўсфанд, аспу хар, шутур, қутос ва ғайраҳо;

- шаҳодатномаи байторӣ - ҳуҷҷати якдафъагӣ, ки аз тарафи мақомоти ваколатдор дода, сиҳатӣ ва эм карда шудани ҳайвонотро тасдиқ менамояд ё бори таҳти назорати байторӣ қарордошта аз ҷойҳои барои бемориҳои сироятӣ мусоид бароварда мешавад;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1364)

- шаҳодатномаи сифат ва бехатарии маҳсулоти ҳайвонот мавод ва маснуоти байторӣ - ҳуҷҷате, ки дар он истеҳсолкунанда мутобиқати сифат ва бехатарии ҳар гурўҳи маҳсулоти ҳайвонот, мавод ва маснуоти байториро бо санадҳои меъёрии техникӣ тасдиқ мекунад;

- шиносномаи байторӣ - ҳуҷҷате, ки шакли онро мақомоти ваколатдор муайян мекунад ва дар он соҳиб, намуд, ҷинс, ранг, сол, рақами (нишонаи) инфиродии ҳайвон, мўҳлат ва хусусияти тадбирҳои байторӣ бо мақсади пешгирӣ, табобат ва ташхиси бемориҳои ҳайвонот қайд карда мешаванд;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1364)

- эпизоотия - паҳншавии саросарии бемориҳои сироятии ҳайвонот дар як ё якчанд воҳидҳои марзиву маъмурӣ.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи байторӣ

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи байторӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1364)

 

Моддаи 3. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи байторӣ

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи байторӣ дохил мешаванд:

- муқаррар намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи байторӣ;

- таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи таъмини амнияти байторию санитарӣ ва муҳофизати аҳолӣ аз бемориҳои умумии ҳайвонот ва инсон; 

- муқаррар намудани тартиби ҷуброни арзиши ҳайвонот ва  маҳсулоти он, ки бинобар ба саломатии ҳайвонот ва инсон хатарнок будани онҳо аз тарафи мақомоти назорати давлатии байторӣ мусодира ва нобуд карда мешаванд;

- тасдиқ намудани Низомномаи мақомоти ваколатдор(ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1364)

- таъин намудани сардори мақомоти ваколатдор (Сарнозири давлатии байторӣ, намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бюрои байналмилалии эпизоотӣ);  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1364)

- таъсис ва тасдиқи Низомномаи «Фонди чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ»;

- тасдиқи низомнома оид ба намунаи либоси хизматии шахсони мансабдор, ки назорати давлатии байториро амалӣ менамоянд;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи таъмини амнияти беҳдошти байторӣ;

- ташкили мақомоти ваколатдор дар соҳаи байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1364)

- пешбурди феҳристҳои давлатии маводи эҳтимолан хатарноки кимиёвӣ, биологӣ ва радиоактивӣ, партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ, инчунин навъҳои алоҳидаи хўроки ҳайвонот ва иловаҳои хўроки ҳайвонот, ки бори аввал ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд;

- таъмини ҳифзи қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бемориҳои сироятии ҳайвонот;

- ҷорӣ ва бекор кардани тадбирҳои маҳдудкунанда (карантинӣ) дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ҷорӣ ва бекор кардани назорати байторию карантинӣ дар нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- тасдиқ намудани қоида ва талаботи ягона оид ба бехатарии биологӣ ва муҳофизати байторию биологӣ(ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1364)

- таҳия ва тасдиқи консепсияҳо ва низоми арзёбии идоракунии таҳдид;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1364)

- ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бастани шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини амнияти эпизоотологӣ;

- амалӣ намудани салоҳиятҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.

 

Моддаи 4. Ваколатҳои мақоми ваколатдор

                      (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1364)

Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - мақомоти ваколатдор) дохил мешаванд:  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1364)

- тасдиқ ва пешбурди феҳристҳои давлатӣ ва аккредитатсияи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҳайвонот, маҳсулоти он, хўрок ва иловаҳои хўроки ҳайвонотро ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид месозанд;

- татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи байторӣ;

- таҳия, тасдиқ ва пешниҳод намудани қоида ва меъёрҳои ягонаи беҳдошти байторӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи байторӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ;

- тасдиқи тартиби амалӣ намудани интиқоли борҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таҳияи қоида ва талаботи ягона оид ба бехатарии биологӣ ва муҳофизати байторию биологӣ (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1364)

- гузаронидани чорабиниҳо оид ба паст кардани хатари ангезаҳои биологӣ ё заҳрҳои онҳо ба сифати силоҳи биологӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти ваколатдор;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1364)

- гузаронидани таҳлилҳо оид ба истифодаи дастовардҳои илмҳои биологӣ дар соҳаи байторӣ(ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1364)

- тасдиқи тартиби гузаронидани аттестатсияи беҳдошти байторӣ ва гирифтани иҷозати беҳдошти байторӣ барои содироти гўшт ва маҳсулоти гўштӣ, шир ва маҳсулоти ширӣ, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воридоти чунин маҳсулот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- тасдиқи талаботи беҳдошти байтории шароити нигоҳдорӣ ва коркарди гўшту маҳсулоти гўштӣ, ширу маҳсулоти ширӣ, моҳию маҳсулоти моҳигӣ ва тухм ва маҳсулоти занбӯри асал;

- тасдиқи низомномаи озмоишгоҳҳои беҳдошти байторӣ;

- тасдиқи қоидаҳои нишонагузорӣ, шиносномадиҳӣ ва шакли шиносномаи инфиродии ҳайвонот;

- ҳифзи аҳолӣ аз бемориҳои умумии  ҳайвонот ва инсон;

- тасдиқи тартиби усулҳои гузаронидани санҷиши беҳдошти байторӣ;

- тасдиқи тартиби пешниҳоди ҳисоботи омории байторӣ;

- ҳифзи қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз воридшавӣ ва паҳншавии барангезандаҳои бемориҳои карантинии ҳайвонот аз қаламрави давлатҳои дигар ё минтақаҳои карантинӣ;

- баъд аз гузаштани санҷиши муайян ва бақайдгирии давлатӣ додани иҷозат барои воридоти маҳсулоте, ки дорои нумӯяҳои биолигӣ, антибиотикҳо, маводи гормонии барои суръатбахшӣ ба нумӯ ва афзоиши маҳсулнокии ҳайвонот истифодашаванда буда, радиатсияи баланд дорад ва ҷиҳати ирсӣ дигаргун (модификация) карда шудааст; (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №854)

- назорати бехатарии беҳдошти байтории истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ, интиқол ва фурўши объектҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта;

- татбиқи консепсияҳо ва низоми арзёбии идоракунии таҳдидҳо дар соҳаи байторӣ(ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1364)

- таҳия ва тасдиқ намудани тартиб ва назорати ҷойивазкунӣ, содирот ва воридоти объектҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта;

- ташхиси беҳдошти байтории маҳсулоти ҳайвонот, инчунин маҳсулоти растанӣ бо мақсади таъмини назорати давлатии сифат ва бехатарии онҳо;

- ташкили санҷиш (апробатсия), назорати маводи байторӣ, хўрок ва хўрокиҳои ба он иловашаванда, санҷишҳои бақайдгирифташудаи онҳо, инчунин пешбурди Феҳристи давлатии маводи байторӣ;

- таҳия, тасдиқ ва пешниҳоди барномаҳои мақсаднок оид ба пешгирӣ кардан ва барҳам додани бемориҳои сироятии ҳайвонот;

- ташкил ва гузаронидани мониторинги эпизоотологии бемориҳои ҳайвонот, аз ҷумла ҳайвоноти ваҳшӣ;

- ташкили хариди давлатӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва истифодаи давлатии маводи байторӣ бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таҳия ва пешниҳоди барномаҳои ҷумҳуриявӣ оид ба таълим додани мутахассисони соҳаи байторӣ, истеҳсоли доруворӣ барои ташхис, пешгирӣ ва табобати ҳайвонот, ташкили корҳои тадқиқоти илмӣ оид ба масъалаҳои байторӣ;

- назорати риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи байторӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдор, корхонаю муассисаҳо, дигар ташкилотҳо ва субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ, новобаста ба тобеият ва шаклҳои моликият, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, соҳибони ҳайвонот, маҳсулоти ҳайвонот, инчунин маҳсулоти растанӣ;

- ташкил ва гузаронидани корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳии байторӣ дар байни аҳолӣ;

- иштирок дар кори комиссияҳои давлатӣ оид ба қабул ва истифодаи иншооти чорводорӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ захира (забҳ) кардани ҳайвонот,  коркарди маҳсулоти ҳайвонот;

- ташкил ва назорати нишонагузорӣ, бақайдгирии ҳайвонҳои хоҷагӣ ва хонагӣ, интиқоли  ҳайвонот ва маҳсулоти ҳайвонот; 

- бо  тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ кардани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалии соҳаи байторӣ, инчунин ташкили ҳамкорӣ бо онҳо;

- додани супориш барои ҳатман гузаронидани чораҳои зиддиэпизоотӣ ва беҳдошти байторӣ ба ҳамаи объектҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта новобаста ба шакли моликият;

- андешидани чораҳо дар ҳолати мавҷуд будани бемориҳои гузаранда барои нобуд кардани ҳайвонот, несту нобуд ё безараргардонии маҳсулоти ҳайвонот, коркарди махсус ё чун партов истифода намудани он ва муайян намудани тартиби аз ҳисоби буҷети давлатӣ ё ширкатҳои суғуртавӣ ҷуброн намудани зиёни ба соҳибмулк расида;

- боздоштани фурўш, инчунин коркарди маҳсулоти ҳайвонот ва растаниро, ки ба талаботи беҳдошти байторӣ мувофиқат намекунад, воситаҳои муҳофизат, ташхис, табобати ҳайвонот, иловаҳои хўроки ҳайвоноти ба талаботи сифат номутобиқро то бартараф кардани камбудиҳо ва вайронкунии қонунгузорӣ бо пешниҳод намудани даъво ба суд;

- боздоштан ва ба суд пешниҳод намудани даъво дар ҳолати ба шиносномаи худ номутобиқ будани хайли (штамми) микроорганизм, риоя накардани реҷаи нигаҳдории микроорганизмҳо дар ташхисгоҳҳои байторӣ, пажўҳишгоҳҳои илмӣ тадқиқотӣ ва корхонаҳои коркарди маҳсулоти ҳайвонот;

- дар мавриди риоя накардани қонунгузории байторӣ  нашр кардани дастуру амрномаҳо ва қабул намудани қарорҳои дахлдор  оид ба ислоҳи онҳо;

- маҳдуд кардан, муваққатан боздоштан ё манъ намудан ва ба суд пешниҳод намудани даъво оид ба фаъолияти корхонаю муассисаҳо, дигар ташкилотҳо ва объектҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта дар ҳолати вайрон шудани меъёрҳои беҳдошти байторӣ ва қоидаҳо, ки метавонанд боиси таҳдиди ҳаёт ва саломатии инсон ё сабабгори дигар оқибатҳои вазнин шаванд;

- бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдор ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудани тартиби ҷорӣ кардани (бекор кардани) карантин дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳудудҳои дахлдори ноҳияҳо, шаҳрҳо, дар объектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намудҳои фаъолият, дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартҳои татбиқи карантин, дигар чорабиниҳои маҳдудкунандаи беҳдошти байторӣ ва номгўи бемориҳои сироятии ҳайвонот, ки боиси ҷорӣ намудани карантин, мусодираи ҳайвонот ва ё маҳсулоти он мегардад;

- ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани роҳбарони ташкилотҳои тобеи мақоми ваколатдор, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1364)

- таъин  намудани ҷазои маъмурӣ;

- амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.

 

БОБИ 2. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ СОҲАИ БАЙТОРӢ

 

Моддаи 5. Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи байторӣ

1. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи байторӣ аз тарафи мақоми ваколатдор амалӣ гардонида мешавад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1364)

2. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи байторӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:

- таъмини мустақилияти назорати давлатии байторӣ;

- иҷрои ҳатмии санадҳои меъёрии ҳуқуқии аз тарафи мақоми ваколатдор қабулгардида барои ҳамаи мақомоти давлатӣ, корхонаю муассисаҳо, дигар ташкилотҳо, новобаста ба тобеияти идоравии онҳо, шакли моликият, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва шахсони бешаҳрванд;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1364)

- таъмини назорати давлатии байторӣ ҳангоми истеҳсол, нигоҳдорӣ, коркард ва савдои объектҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта;

- таъмини назорати давлатии байторӣ ҳангоми интиқоли борҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта бо нақлиёти заминӣ, ҳавоӣ ва роҳи оҳан;

- дастгирии чорабиниҳо доир ба рушди соҳаи байтории давлатӣ ва хадамоти хусусӣ;

- таъмини мақоми ваколатдор бо захираҳои дахлдори молиявӣ;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1364)

- риояи ягонагии манфиатҳои давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи байторӣ;

- бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн кардани арзиши ҳайвонот ва маҳсулоти он, ки бинобар ба саломатии ҳайвонот ва инсон хатарнок будани онҳо аз тарафи мақомоти назорати давлатии байторӣ мусодира ва нобуд карда мешаванд;   

- бо пешниҳоди мақомоти ваколатдор тасдиқ намудани номгўи бемориҳои сироятии ҳайвонот, ки пешгирӣ, ташхис ва нобудсозии онҳо аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳуриявӣ амалӣ гардонида мешаванд;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи байторӣ;

- дастгирии давлатии таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи таҳияи усулҳои нави ташхис, пешгирӣ ва табобати бемориҳои ҳайвонот;

- таъмини шаффофият ҳангоми таҳия, қабул ва амалисозии чорабиниҳои беҳдошти байторӣ;

- рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи байторӣ.

- таъмини муътадили арзёбӣ, идоракунӣ ва огоҳкунӣ аз таҳдид, назорати бартараф, ихтисор ва кам намудани таҳдид;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1364)

- таъмини талаботи бехатарии биологӣ дар соҳаи байторӣ тавассути қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1364)

 

Моддаи 6. Таҳия ва қабули чорабиниҳои беҳдошти  байторӣ

1. Тадбирҳои беҳдошти байторӣ дар ҳолатҳои зерин таҳия ва қабул мегарданд:

- дар доираи зарурати ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон ва ҳайвонот;

- бо дар назардошти замина ва нишондодҳои илмии мавҷуда, стандартҳо, дастурамалҳо ва тавсияҳои байналмилалӣ;

- дар асоси арзёбии таҳдид ба ҳаёт ва саломатии ҳайвонот ва инсон, ки мутобиқи тарзу равишҳои созмонҳои  байналмилалии соҳавӣ амалӣ карда мешаванд;

- бо мақсади роҳ надодан ба табъизи худсарона ё  беасоси байни мамлакатҳои шароиташон якхела ё монанд, аз ҷумла табъизи байни ҳудудҳои минтақавӣ ва бахшҳои истеҳсолоти чорводории дохилӣ ва ҳудудҳои минтақавию бахшҳои истеҳсолоти чорводории дигар мамлакатҳо.

2. Ҳангоми арзёбии таҳдид ба ҳаёт ва саломатии ҳайвонот ва инсон дар раванди таҳия ва қабул кардани чорабиниҳои беҳдошти байторӣ мақомоти ваколатдор  нуктаҳои зеринро бояд ба назар гирад:

- нишондодҳои илмӣ, раванд ва усулҳои истеҳсолот, назорат, интихоб ва санҷиши намунаҳо, мавҷудияти бемориҳои хоса, мавҷудияти минтақаҳои аз бемории сироятӣ озод ё минтақаҳое (ноҳияҳое), ки сатҳи бемориҳои сироятиашон паст аст, шароити дахлдори муҳити атроф, тадбирҳои карантинӣ ва дигар тадбирҳо;

- нишондодҳои иқтисодӣ, аз ҷумла муайян намудани талафоти истеҳсолот ва савдо дар ҳолати воридшавӣ (пайдошавӣ), решагирӣ ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ;

- хароҷоти назорат ва нобудсозии бемориҳои сироятӣ;

- самаранокӣ ва арзиши чораҳои дигари кам кардани хатар.

3. Ҳангоми мавҷудияти далелҳои кофии илмӣ барои арзёбии объективии таҳдид ё дар вазъиятҳои фавқулодда мақомоти ваколатдор   ҳуқуқ дорад дар асоси нишондодҳои мавҷуда, аз ҷумла нишондодҳои созмонҳои байналмилалии соҳавӣ ва маълумот оид ба тадбирҳои беҳдошти байтории дигар мамлакатҳо тадбирҳои муввақатии беҳдошти байториро қабул намояд.

4. Тадбирҳои беҳдошти байтории қабулшаванда бояд ба шароити беҳдошти байторӣ минтақае, ки мол истеҳсол шудааст ва бояд таҳти экспертизаи беҳдошти байторӣ қарор дода шавад ё ба шароити минтақае, ки он таъин шудааст, мутобиқат кунанд. Дар рафти арзёбии шароити беҳдошти байторӣ мақомоти ваколатдор инчунин бояд ҳолати саломатии ҳайвонотро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мамлакати содироткунанда, мавҷудияти беморӣ, нақшаҳои миллии назорат ва решакансозии бемориҳо, мавҷудияти минтақаҳои аз беморӣ озод ё сатҳи пасти беморӣ дошта, инчунин меъёрҳо ва принсипҳои дастурии созмонҳои байналмилалии соҳавии дахлдорро ба назар гирад.

5. Тадбирҳои беҳдошти байтории қабулгардида сатҳи баландтари ҳифзи ҳаёт ва саломатии ҳайвонот ва инсонро нисбат ба сатҳе, ки аз истифодаи тадбирҳо дар асоси стандартҳо, дастурамалҳо ва тавсияҳои байналмилалӣ ба даст меоянд, метавонанд таъмин намоянд, агар он ба таври илмӣ асоснок карда шуда ё ба ин сатҳи муҳофизат мувофиқ бошад.

6. Ҳангоми қабули тадбирҳои беҳдошти байторӣ, аз ҷумла табирҳои муваққатие, ки дар ҳолатҳои фавқулодда қабул карда мешаванд, мақоми ваколатдор бояд нишондодҳои нави илмиро ба инобат гирад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1364)

 

Моддаи 7.  Тадбирҳои беҳдошти  байторӣ дар сурати мавҷуд набудани стандартҳо, дастурамалҳо ва тавсияҳои байналмилалӣ

1. Агар стандартҳои байналмилалӣ, дастурамалҳо ва тавсияҳо  мавҷуд набошанд ё тадбири беҳдошти байторӣ ба стандартҳо, дастурамалҳо ва тавсияҳои байналмилалӣ мутобиқат накунад ва ё агар чунин тадбир ба савдо таъсири назаррас расонида тавонад, мақомоти ваколатдори бояд:

- дар бораи нияти татбиқи  тадбирҳо дар марҳилаи аввали таҳияи он огоҳинома нашр намояд;

- мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ба тарафҳои манфиатдор оид ба молҳое, ки нисбат ба онҳо ин тадбир истифода бурда мешавад иттилоъ диҳад ва қабул кардани тадбири пешниҳодшавандаро дар асоси таҳлили таҳдид асоснок кунад;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1364)

- мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва бо дархости мақомоти ваколатдори дигар мамлакатҳо матни санади меъёрии ҳуқуқии амаликунандаи тадбири пешниҳодшавандаро бо нишон додани фарқият аз стандартҳо, дастурамалу тавсияҳои байналмилалӣ дастрас намояд;

- барои пешниҳоди мулоҳизот мўҳлати ниҳоӣ муқаррар кунад ва бо дархости тарафҳои манфиатдор машварат гузаронад.

2. Огоҳинома оид ба молҳо, ки нисбат ба онҳо тадбир амалӣ карда мешавад ва асосноккунии тадбири пешниҳодшаванда бояд ақаллан 75 рўз пеш аз оғози қабули амалиёт дастрас карда шаванд.

 

Моддаи 8. Пешниҳоди иттилоот

Мақомоти ваколатдор тавассути маркази ягонаи иттилоотӣ бояд иттилоот, ҳуҷҷатҳо ва маълумотро мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба масъалаҳои зерин пешниҳод намояд:

- тадбирҳои беҳдошти байтории пешниҳод ва қабулгардида;

- тадбирҳои назоратӣ, муоинавӣ, сертификатсияи маҳсулот ва амалиёти карантинӣ;

- амалиёти арзёбии хатар ва усулҳои муайян кардани сатҳи зарурии ҳифзи саломатии ҳайвонот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- узвият ва иштирок дар машваратҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, низоми ҳифз кардани саломатии ҳайвонот, мавҷудият ва мўҳтавои санадҳои ҳуқуқии байналмиаллии дутарафа ва бисёртарафа.

 

Моддаи 9. Судмандии тадбирҳои беҳдошти байторӣ

1. Тадбирҳои беҳдошти байтории дар мамлакатҳои дигар қабулгардида ба тадбирҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда судманд ҳисобида мешаванд ба шарте, ки  мақомоти ваколатдор муайян кунад, ки тадбирҳои дар мамлакати дигар амалкунанда ҳаёт ва саломатии ҳайвонот ва одамонро ба андозаи баробар ё аз сатҳи кунунии  Ҷумҳурии Тоҷикистон баландтар ҳифз мекунанд.

2. Қарор оид ба эътироф кардани судмандии тадбирҳои беҳдошти байторӣ  бояд нашр карда шавад.

 

Моддаи 10. Стандартҳои байторӣ

                        (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1364)

1. Стандартҳои байторӣ бо тартиби муайяннамудаи мақомоти ваколатдор, инчунин стандартҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, муқаррар карда мешаванд ва барои муассисаҳои байторӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошанд.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1364)

2. Риоя накардани стандартҳои байторӣ аз тарафи субъектҳои фаъолияти байторӣ метавонад барои ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан, боздоштани фаъолияти онҳо дар соҳаи байторӣ ё бекор кардани иҷозатнома барои фаъолият дар соҳаи байторӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон асос гардад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1364)

3. Назорати риояи стандартҳои байторӣ аз тарафи мақоми ваколатдор амалӣ мегардад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1364)

 

Моддаи 11. Сохтори идоравии беҳдошти байторӣ

1. Вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳо ва дигар ташкилотҳое, ки фаъолияти онҳо бо нигоҳдорӣ ва парвариши ҳайвонот, ҳифз ва фурўши маҳсулоти он, хўрок ва доруворӣ барои ташхис, пешгирӣ ва табобати ҳайвонот алоқаманд мебошанд, метавонанд аз ҳисоби воситаҳои худӣ бе истифодаи маблағи буҷети давлатӣ сохтори истеҳсолии байторӣ дошта бошанд. Тартиби таъсис ва сохтори он аз тарафи мақомоти зикршудаи идоравӣ муайян карда мешавад.

2. Сохтори идоравии беҳдошти байторӣ фаъолияти худро таҳти роҳбарии методии мақомоти ваколатдор амалӣ мегардонад.

 

Моддаи 12. Иҷозат додан барои  фаъолияти хусусии байторӣ

1. Фаъолияти хусусии байторӣ дар асоси иҷозатнома сурат мегирад.

2. Иҷозатнома барои фаъолияти хусусии байторӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» дода мешавад.

 

БОБИ 3. НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ БАЙТОРӢ

 

Моддаи 13. Назорати давлатии байторӣ

1. Назорати давлатии байториро мақомоти ваколатдор амалӣ мегардонад.

2. Назорати давлатии байторӣ вазифаҳои зеринро дар бар мегирад:

- назорати риояи қонунгузории байторӣ аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

- назорати объектҳо ва борҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта;

- назорати гузаронидани чорабиниҳои ташкилию хоҷагидорӣ ва байторию пешгирикунанда дар объектҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

- назорат намудани истеҳсол, нигоҳдорӣ, коркард ва фурўши маҳсулоти ҳайвонот, ашёи хоми ҳайвонот ва растаниҳо, воситаҳои пешгирӣ, ташхису табобати бемориҳои ҳайвонот, хўрок ва  хўрокиҳои ба он иловашаванда бо  тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- назорати интиқоли борҳои таҳти назорати байторӣ қарордошта бо нақлиёти заминӣ, ҳавоӣ ва роҳи оҳан;

- назорати ба талаботи беҳдошти байторӣ мутобиқ будани сохтмон, таъмири биноҳои чорводорӣ, корхонаҳои коркарди гўшту шир, дўкон, анборҳо ва дигар объектҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта;

- назорати риояи реҷаи нигоҳдории микроорганизмҳо дар ташхисгоҳҳои байторӣ, пажўҳишгоҳҳои тадқиқоти илмӣ ва корхонаҳои коркарди маҳсулот ва ашёи хоми ҳайвонот;

- назорати шароити ташкили харидан, нигоҳ доштан, интиқол додан (расонидан) ва истифода кардани маводи байторӣ, ки аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ харидорӣ мешаванд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- назорати нигоҳдорӣ ва истифодаи захираҳои ҷумҳуриявии дорую маводи байторӣ;

- назорати роҳҳои чорвогузар, ҳудуди чарогоҳҳо, ҷойҳои обхўрии ҳайвонот, қоида ва шаклҳои нишонагузории онҳо;

- назорати чорабиниҳои байторӣ оид ба ҳифзи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ворид ва паҳншавии ангезаҳои бемориҳои ҳайвонот, аз ҷумла бемориҳои номаълум (экзотикӣ) аз кишварҳои дигар;

- назорати пеш бурдани ҳисоботи бақайдгирӣ ва ҳисоботдиҳии байторӣ, инчунин мутобиқи қонунгузории байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани онҳо.

 

Моддаи 14. Принсипҳои муоина ва назорати давлатии байторӣ

1. Амалиёти муоина ва назорати давлатии байторӣ бояд ба таври зерин иҷро карда шаванд:

- фавран, бе кашолкорӣ  ва табъизи (дискриминатсия) нисбати молҳои воридшаванда ва молҳои ба ҳамин монанди маҳсулоти ватанӣ;

- дар асоси далелҳо, натиҷаҳои таҳлили таҳдид ва иттилооте, ки барои гузаронидани амалиёт зарур мебошанд;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1364)

- ҳангоми огоҳ кардани дархосткунанда оид ба мўҳлати ба охир расидани амал, норасоиҳои дар дархост ҷойдошта, марҳила ва натиҷаҳои истеҳсолот;

- ба тарзе, ки ҳифзи сирри иттилоотӣ таъмин гардад;

- бо роҳи гирифтани намунаю чошнӣ ба миқдоре, ки барои гузаронидани амалиёти назорат ва сертификатсия  зарур мебошад.

2. Агар баъди муоина ва ё назорати давлатии байторӣ дар таснифоти маҳсулот тағйироте ошкор гардад, амалиёти муоина ва ё назорати маҳсулоти тағйирдодашуда дар ҳолати зарурат иҷро карда мешавад, то ки ба талаботи дахлдор ҷавобгў будани маҳсулот новобаста ба тағйирёбӣ муайян гардад.

 

Моддаи 15. Назорати давлатии байторӣ дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёт

1. Мақомоти назорати давлатии байторӣ дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёт таъсис дода мешавад ва бо мақсади пешгирӣ ва паҳншавии ба қаламрави ҷумҳурӣ ворид шудани бемориҳои сирояткунандаи  ҳайвонот, бемориҳои барои ҳайвонот ва инсон умумӣ, инчунин маҳсулоти ҳайвонот ва растанӣ, ки ба талаботи байторию санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгў нест, фаъолият мекунад.

2. Ҷойҳои кории мақомоти назорати давлатии байторӣ дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёт дар минтақаи ягонаи гумрукӣ ҷойгир карда мешавад.

3. Ба гузаронидани борҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баъди санҷиши мутобиқати борҳо ба ҳуҷҷатҳои байтории бо онҳо ҳамроҳбуда  иҷозат дода мешавад. Дар ҳолатҳои зарурӣ чошнӣ ё намунаи борҳо барои ташхиси озмоишӣ гирифта мешавад.

4. Расмигардонии гумрукии борҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта танҳо баъди аз назорат гузаштани онҳо анҷом дода мешавад. 

5. Ба ворид намудан ё аз қаламрави ҷумҳурӣ  гузаронидани борҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта аз кишварҳои аз ҷиҳати эпизоотӣ солим дар ҳолати риояи қоида ва талаботи байторӣ, ки мақомоти ваколатдор тасдиқ намудааст, иҷозат дода мешавад.

6. Воситаҳои нақлиёт, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мамлакатҳои аз ҷиҳати эпизоотӣ носолим ворид мешаванд, бо  тартиб ва қоидаҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи байторӣ,  бояд ҳатман сироятзудоӣ (дезинфексия) карда шаванд.

7. Нозирони байтории постгоҳҳои назорати байторӣ дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёт ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ либоси махсуси нишони байторидошта мепўшанд.

8. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолияти онҳо бо  ворид намудани борҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта алоқаманд аст, ўҳдадоранд, ки ба шўъбаҳо ва дигар ташкилотҳои назорати давлатии байторӣ дар сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақлиёт хароҷоти гузаронидани ташхиси беҳдошти байторӣ ва сироятзудоиро бо  тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт намоянд.

 

Моддаи 16. Назорати давлатии байторӣ ҳангоми интиқоли объектҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Объектҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта ҳангоми интиқол дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳатман таҳти назорати давлатии байторӣ бошанд.

2. Назорати давлатии байтории объектҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта ҳангоми интиқол, бор кардан ва фуровардан аз тарафи нозирони давлатии байтории ҳудуде, ки дар он мол  бор карда ва фуроварда мешавад, инчунин ҳудудҳое, ки хатсайри интиқол мегузарад, амалӣ карда мешавад.

3. Хатсайрҳои интиқоли ҳайвоноти хоҷагӣ (роҳҳои чорвогузар) аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар мувофиқа бо сарнозирони давлатии байтории ҳудуди маъмурии дахлдор бо дарназошдошти вазъи эпизоотии маҳал муайян карда мешаванд.(ҚҶТ аз 03.07.2012с.,№854)

4. Интиқоли ҳайвонот бе шаҳодатномаи байторӣ, рақами инфиродӣ ё шиносномаи байторӣ манъ аст.

 

Моддаи 17. Назорати давлатии байторӣ дар нуқтаҳои фурўш

1. Назорати давлатии байторӣ дар бозорҳо ва дигар ҷойҳо, ки фурўши ҳайвонот, маҳсулоти ҳайвонот ва растанӣ ба роҳ монда шудааст, ҳатмӣ мебошад.

2. Ба фурўши объектҳо ва борҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта, ки ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст, интихобан ҳангоми шубҳа пайдо кардан ба сифати он баъди аз ташхиси байторӣ ё беҳдошти байторӣ гузаштан ва гирифтани сертификати дахлдор аз мақоми ваколатдори шаҳр ё ноҳияе, ки дар он ҷо бори мазкур ба фурўш меравад, иҷозат дода мешавад. (ҚҶТ аз 03.07.2012с.,№854; ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1364)

3. Маҳсулот баъди пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти молик ва мутобиқати он бо ҳуҷҷатҳои байтории ҳамроҳбуда барои ташхис қабул карда мешавад.

4. Озмоишгоҳҳои давлатии ташхиси беҳдошти байторӣ дар бозорҳо барои мўҳрзании гўшт ва дигар маҳсулоти ҳайвоноту паррандаи забҳшуда  бояд мўҳркоғази нишондиҳандаи сифати маҳсулот, дафтари бақайдгирӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо дошта бошанд.

5. Озмоишгоҳи давлатии ташхиси беҳдошти  байторӣ ҳуқуқ дорад:

- ҳайвонот, маҳсулоти он ва маҳсулоти растаниро муоина кунад;

- ҳайвонот, маҳсулоти он ва маҳсулоти растании барои саломатии ҳайвонот ва инсон хатарнокро мутобиқи Қонуни мазкур аз фурўш боздорад, мусодира ва нобуд кунад ё барои коркарди махсус фиристонад;

- мутобиқати борҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордоштаро бо меъёрҳои байторӣ муайян карда, санади ташхис диҳад;

- безараргардонӣ (бесироятгардонӣ), коркард ё нобуд кардани маҳсулот ва борҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордоштаро, ки ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгў нестанд, ташкил кунад.

6. Тартиби гузаронидани ташхиси беҳдошти байторӣ, аз фурўш боздоштан, мусодира ва нобуд кардан ё барои коркарди махсус фиристодани маҳсулот ва борҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордоштаи хатарнокро мақоми ваколатдор муайян мекунад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1364)

7. Фурўши хўроквории истеҳсоли ғайрисаноатӣ дар бозорҳо танҳо баъди ташхиси беҳдошти байторӣ дар ташхисгоҳҳои ваколатдор ва аз тарафи фурўшандагон гирифтани хулосаи мақомоти назорати давлатии байторӣ дар бозорҳо, ки мутобиқати чунин хўроквориро бо қоидаю меъёрҳои байторӣ тасдиқ мекунад, иҷозат дода мешавад.

8. Фурўши маҳсулоти ҳайвонот ё растанӣ дар ҷойҳое, ки барои ин амал ҷудо нашудааст ё аз ташхиси беҳдошти байторӣ нагузаштааст, манъ аст. Дар ҳолати риоя нашудани ин талабот маҳсулоти ҳайвонот ё маҳсулоти растанӣ бо  тартиби муайяннамудаи Қонуни мазкур мусодира ва нобуд карда ё барои коркарди махсус фиристода мешавад.

9. Шахсони масъули нуқтаҳои савдо барои иҷозат додан ба фурўши маҳсулоти аз ташхиси беҳдошти  байторӣ нагузашта ҷавобгар мебошанд.

10. Фурўши ҳайвонот бе шаҳодатномаи байторӣ, рақами  инфиродӣ ё шиносномаи байторӣ манъ аст.

 

Моддаи 18. Назорати давлатии байторӣ ҳангоми шикори сайд

Ташкилотҳои шикорӣ вазифадоранд, ки барои коркарди сайд мутобиқи талаботи беҳдошти байторӣ майдончаҳои махсус таҷҳизонад ва ташхиси беҳдошти байтории сайдро, ки дар хўрок истифода мешавад, таъмин намоянд.

 

Моддаи 19. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои нозирони давлатии байторӣ

1. Нозирони давлатии байторӣ дар фаъолияти худ мустақил буда,  талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ мегиранд.

2. Нозирони давлатии байторӣ ҳуқуқ доранд:

- ба объектҳои таҳти назоратбудаи ҳудуди дахлдор бе мамониат дароянд (бо пешниҳоди шаҳодатномаи хизматӣ) ва барои муайян кардани ҳолати эпизоотӣ, ошкор намудани сабабҳои бемории ҳайвонот, муайян кардани сифати беҳдошти байтории маҳсулоти ҳайвонот маълумоти зарурӣ гиранд.

3. Сарнозири давлатии байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ҳуқуқу ваколатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур, дар ҳолатҳои мустасно метавонад ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифу пешниҳодҳои дахлдор  ирсол  намояд.

4. Ба ваколати Сарнозири давлатии байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини ў дохил мешаванд:

- ташкил ва амалӣ кардани назорати давлатии байторӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- интишори санадҳои иҷроашон ҳатмӣ бо мақсади амалӣ сохтани назорати давлатии байторӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дигар ваколатҳое, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд.

5. Шахсони мансабдор, ки назорати давлатии байториро амалӣ мегардонанд, бо либоси махсуси хизматии дорои нишони фарқкунанда таъмин карда мешаванд.

 

Моддаи 20. Ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии кормандони байторӣ

1. Кормандони соҳаи байторӣ дар ҳолатҳои маъюбӣ ё бемории касбӣ, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ, мубориза бо бемориҳои сирояткунанда ва ҳангоми муомилаи бевосита бо ҳайвонот гирифтор мешаванд, суғуртаи ҳатмии давлатӣ карда мешаванл.

2. Мутахассисони байторӣ барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ бо воситаҳои нақлиёти махсуси хизматӣ таъмин карда мешаванд.

3. Дар давоми кор дар манбаъҳои бемориҳои сироятии ҳайвоноти мубталои бемориҳои сирояткунанда маоши вазифавии онҳо ба андозаи дукарата аз ҳисоби Фонди чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ пардохта мешавад.

 

Моддаи 21. Тартиби гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар соҳаи байторӣ

Санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор новобаста ба шаклҳои моликият ва тобеияти идоравии онҳо бо мақсади гузаронидани назорати давлатии риояи қонунгузорӣ дар соҳаи байторӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣ карда мешавад.

 

БОБИ 4. МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАИ БАЙТОРӢ

 

Моддаи 22. Манбаъҳои маблағгузории соҳаи байторӣ ва назорати байторӣ

Соҳаи байторӣ ва назорати байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз манбаъҳои зерин маблағгузорӣ карда мешаванд:

- маблағи буҷетҳои ҳамаи сатҳҳо;

- маблағи фондҳои мақсадноки байторӣ;

- даромад аз фаъолияти соҳибкории ташкилотҳои байторӣ;

- маблағгузории сармоягузорони лоиҳаҳои инноватсионии соҳаи байторӣ;

- кредити бонкҳо ва дигар қарзҳо;

- кўмакҳои беғаразона ё башардўстона ва ё маблағҳои хайрияи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

- дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

 

Моддаи 23. Маблағгузорӣ кардани  соҳаи байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Мақоми ваколатдор, сохторҳои тобеи он, бевосита аз Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда  мешаванд.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1364)

2. Банақшагирии хароҷоти барои маблағгузории соҳаи байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маблағи Буҷети давлатӣ дар асоси хароҷоти молиявии ягонаи меъёрӣ барои фаъолияти соҳаи байторӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад ва дар қисми хароҷоти буҷети ҳамаи сатҳҳо дар як воҳиди «Байторӣ» пешбинӣ мешавад, амалӣ мегардад.

 

БОБИ 5. ТАЛАБОТИ БЕҲДОШТИ БАЙТОРӢ ОИД БА ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ ҲАЙВОНОТ

ВА ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ МАҲСУЛОТИ ҲАЙВОНОТ 

 

Моддаи 24. Назорати риояи талаботи беҳдошти байторӣ нисбат ба лоиҳакашӣ ва сохтмони корхонаҳо оид ба истеҳсол, коркард ва нигоҳдории маҳсулоти ҳайвонот

1. Ҳангоми лоиҳакашӣ ва сохтмони иншооти чорводорӣ, фабрикаҳои паррандапарварӣ, корхонаҳои шир, гўшт, хоҷагиҳои моҳипарварӣ, дигар корхонаҳои истеҳсол, коркард ва нигоҳдории маҳсулоти ҳайвонот, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), кооперативҳои истеҳсолӣ, ҷамъиятҳои саҳомӣ, ассотсиатсияҳо, ташкилотҳо ва хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон бояд муҳайё намудани шароити бештар мусоид барои нигоҳ доштани ҳайвонот, истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ва аз нигоҳи байторию  санитарӣ бехатар будани маҳсулоти ҳайвонот пешбинӣ карда шавад. Ҳангоми таҳияи меъёрҳои лоиҳакашии объектҳои назорати байторӣ, ҳалли масъалаҳои ҷойгиронии онҳо ва муқаррар намудани минтақаҳои беҳдошти байторӣ бояд қоидаҳои байторӣ риоя шаванд.

2. Ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтмон, тасдиқи меъёрҳои лоиҳакашӣ ва ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ барои сохтмон, таҷдиди объектҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта, инчунин ба истифода додани иншооти сохта ва таҷдидшуда ҳангоми мавҷуд будани хулосаҳои беҳдошти байторӣ иҷозат дода мешавад.

 

Моддаи 25. Талаботи беҳдошти байторӣ ба парвариш, хўроку обдиҳӣ, бо нақлиёт бурдану ба дигар ҷойҳо рондани ҳайвонот

1. Хўрок, об  ва иловаҳои хўроки ҳайвонот бояд барои сиҳатии ҳайвонот бехатар бошанд ва набояд нумўяҳои афзоиши ҳайвонот, аз ҷумла гормонӣ ва дигар моддаҳои барои ҳайвонот, муҳити зист ва инсон зарарнокро дар сатҳи зиёда аз меъёр дошта бошанд.

2. Меъёрҳои беҳдошти байтории бехатарӣ ва ё безарарии хўрок, иловаҳои хўроки ҳайвонот ва тартиби сертификатсияи онҳо бо қоидаҳои байторӣ муқаррар карда мешаванд. Меъёрҳои бехатарӣ ва ё безарарии хўрок, иловаҳои хўроки ҳайвонот набояд аз меъёрҳои дахлдори стандартҳои байналмилалӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии ташкилотҳои байналмилалии байторӣ муқаррарнамуда, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви онҳо мебошад, фарқ кунанд.

3. Истеҳсол ва истифодаи хўрок, иловаҳои хўроки ҳайвонот ба мақсади муомилот аз рўи таъинот ҳангоми мавҷуд будани сертификат, ки мақомоти ваколатдор додааст, иҷозат дода мешаванд.

4. Хўрок ва иловаҳои хўроки ҳайвоноти ба талаботи беҳдошти байторӣ номутобиқ (сертификатсиянашуда) бо қарори мақомоти ваколатдор аз истеҳсолот ва истифода боздошта мешаванд ё аз тарафи соҳибони онҳо мутобиқи хулосаи беҳдошти байторӣ истифода мегарданд.

5. Бо нақлиёт бурдан ва ба ҷойҳои дигар рондани ҳайвонот танҳо ҳангоми мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои байтории ҳамроҳбуда бо риояи талаботи беҳдошти байторӣ оид ба пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои ҳайвонот дар хатсайрҳои бо мақомоти ваколатдор  мувофиқашуда иҷозат дода мешавад. Бо нақлиёт бурдан ва рондани ҳайвонот аз ҳудудҳои ноҳияҳо ва шаҳрҳо, ки нисбат ба бемориҳои сироятии ҳайвонот вазъи номусоид доранд, манъ мебошад.

 

Моддаи 26. Талаботи беҳдошти байторӣ ба ташкили забҳи ҳайвонот, истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ, интиқол, фурўши гўшт, маҳсулоти гўштӣ, шир, маҳсулоти ширӣ, моҳӣ, тухм, тухми моҳӣ, ашёи хоми аз ҳайвон гирифташуда ва маҳсулоти занбӯри асал

1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба забҳи ҳайвонот, истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ, интиқол ва фурўши гўшт, маҳсулоти гўштӣ, шир, маҳсулоти ширӣ, моҳӣ, тухм, тухми моҳӣ машғуланд, фаъолияти худро дар асоси аттестатсияи беҳдошти байтории шароити истеҳсолии онҳо амалӣ мекунанд. (ҚҶТ аз 03.07.2012с.,№854)

2. Аттестатсияи беҳдошти байтории шароити истеҳсолӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдор амалӣ карда мешавад.

3. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ - роҳбарон ё шахсони масъули нуқтаҳои хўроки умумӣ, барои таъмини талаботи беҳдошти байтории шароити нигоҳдорӣ ва коркарди гўшту маҳсулоти гўштӣ, ширу маҳсулоти ширӣ, моҳию маҳсулоти моҳигӣ ва тухм ашёи хоми аз ҳайвон гирифташуда ва маҳсулоти занбӯри асал ҷавобгар мебошанд. (ҚҶТ аз 03.07.2012с.,№854)

 

Моддаи 27. Талаботи беҳдошти байторӣ ба ташкили фурўши ҳайвонот, маҳсулоти ҳайвонот ва растанӣ дар нуқтаҳои савдо

1. Ҳангоми ташкили фурўши ҳайвонот, маҳсулоти ҳайвонот ва растанӣ дар бозорҳои савдои яклухт, чакана, озуқаворӣ ва ғайра, бо мақсади пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои умумии ҳайвоноту инсон ва пешгирии заҳролудшавӣ аз хўрокҳо бояд қоидаҳои байторӣ ва беҳдоштӣ иҷро карда шаванд.

2. Ба фурўши маҳсулоти ҳайвонот ва растанӣ  ҳангоми мавҷуд будани сертификати мутобиқати сифати маҳсулот иҷозат дода мешавад. 

3. Дар бозорҳо барои ташкили назорати иҷрои қоидаҳои байторӣ, гузаронидани ташхисҳои байторию санитарӣ, дигар чорабиниҳои махсус оид ба таъмини бехатарии маҳсулоти фурўхташавандаи ҳайвонот ва растанӣ аз тарафи шахсони мансабдор ва (ё) шахсоне, ки дар бозорҳо вазифаи идоракуниро ба ўҳда доранд, бояд ташхисгоҳҳои беҳдошти байторӣ таъсис дода шаванд. Кори ташхисгоҳҳои мазкур тибқи низомномаи ташхисгоҳҳои беҳдошти байторӣ ба роҳ монда мешавад.

 

Моддаи 28. Талаботи беҳдошти байторӣ ба ҳайвонот, маҳсулоти ҳайвонот, хўрок ва иловаҳои хўроки ҳайвонот, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд

1. Ҳайвонот, маҳсулоти ҳайвонот, хўрок ва иловаҳои хўроки ҳайвонот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи талаботи Қонуни мазкур ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин зимни мавҷудияти сертификатҳои байтории гувоҳидиҳандаи (кафолатдиҳандаи) бехатарии беҳдошти байторӣ, офияти эпизоотии мамлакати содиркунанда барои ҳар як миқдори ҳайвонот, маҳсулоти ҳайвонот, хўрок ва иловаҳои хўроки ҳайвонот ворид карда мешаванд.

2. Ўҳдадориҳо оид ба иҷрои талаботи Қонуни мазкур ва кафолати риояи қоидаҳои байторӣ ҳангоми ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридсозии ҳар як миқдори ҳайвонот, маҳсулоти ҳайвонот, хўрок ва иловаҳои хўроки ҳайвонот бояд қисми таркибии шартномаи ба расонидани ҳайвонот, маҳсулоти ҳайвонот, хўрок ва иловаҳои хўроки ҳайвонот бошад.

3. Ба фурўши ҳайвонот, маҳсулоти ҳайвонот, хўрок ва иловаҳои хўроки ҳайвонот, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст, интихобан ҳангоми шубҳа пайдо кардан ба сифати он танҳо баъди аз ташхиси байторӣ ва беҳдошти байторӣ гузаштан ва гирифтани сертификати дахлдор аз мақомоти ваколатдори давлатии байтории шаҳр ё ноҳияе, ки дар он бори мазкур фурўхта мешавад, иҷозат дода мешавад.

 

Моддаи 29. Нишонагузории ҳайвонот

1. Ҳайвонот аз рўи шаклу намунаҳои муқаррарнамудаи меъёру қоидаҳои байторӣ бояд ҳатман нишонагузорӣ карда шаванд.

2. Нишонагузории ҳайвонот аз тарафи мақоми ваколатдор аз ҳисоби маблағи муомилоти буҷети давлатӣ (Фонди чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ) амалӣ карда мешавад. Хароҷоти нишонагузории ҳайвонот бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби соҳибони ҳайвонот пардохт мегардад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1364)

3. Ҳар як чорво аз рўзи тавлид шудан бояд рақами инфиродии алоҳида дошта бошад ва он дар шакли тамға ва ё ба шакли ҳалқа дар гўши ҳайвонот аз рўи қоида ё ба тарзи дигар мустаҳкам карда шавад.

Инчунин аз микрочипҳо ва аломатгузорӣ дар гӯш истифода кардан мумкин аст. Паррандаҳо, моҳӣ, занбўри асал ва дигар ҳайвоноти хурд ба таври гурўҳӣ нишонагузорӣ карда мешаванд.

4. Тибқиталаботи байналмиллалӣ барои ҳайвоноти бемаҳсул аз рӯзи зоидашавиашон дар давоми си рӯз шиносномаи инфиродии алоҳидаи байторӣ тартиб дода мешавад, ки он бояд то рӯзи фавташон (забҳашон) нигоҳ дошта шуда, сипас аз рӯи тартиби муқарраргардида ба бойгонӣ супорида шавад. (ҚҶТ аз 03.07.2012с.,№854)

5. Нишонагузории ҳайвонот барои муқаррар намудани зот, синну сол, ҷои тавлиди ҳайвон, инчунин барои назорати интиқоли (ҷойивазкунии) ҳайвон ва маҳсулоту ашёи хоми он, пур кардани варақаҳои баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ аз тарафи мақомоти давлатии назорати байторӣ имконият медиҳад.

 

БОБИ 6. ТАЪМИНИ МУҲОФИЗАТ АЗ БЕМОРИҲОИ ХАВФНОКИ УМУМИИ ҲАЙВОНОТ

ВА ИНСОН ВА АЗ ЗАҲРОЛУДШАВӢ АЗ ХЎРОКИҲО

 

Моддаи 30. Барҳамдиҳии манбаъҳои эпизоотӣ ва бартараф кардани хавфи пайдошавӣ ва паҳншавии бемориҳои сироятии ҳайвонот

1. Барои барҳамдиҳии манбаъҳои эпизоотии бемориҳои махсусан хатарноки ҳайвонот ва бартараф намудани хавфи пайдоиш ва паҳншавии ин бемориҳо бо қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дар асоси пешниҳоду дастурҳои мақоми ваколатдори ҳудуди маъмурӣ, метавонад карантин ҷорӣ намуда, ҳайвонот ё маҳсулоти ҳайвонот мусодира ва дигар чорабиниҳои беҳдошти байтории маҳдудкунанда амалӣ гардонида шаванд.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1364)

2. Тартиби ҷорӣ (бекор) кардани карантин дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳудудҳои дахлдори ноҳияҳо, шаҳрҳо, дар объектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намудҳои фаъолият, дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартҳои татбиқи карантин, дигар чорабиниҳои маҳдудкунандаи беҳдошти байторӣ ва номгўи бемориҳои сироятии ҳайвонот, ки боиси ҷорӣ намудани карантин, мусодираи ҳайвонот ва ё маҳсулоти ҳайвонот мегардад, бо  тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1364)

3. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, ки ба онҳо зарари дар натиҷаи мусодираи ҳайвонот ва маҳсулоти ҳайвонот расонидашуда ҷуброн карда шавад. Тартиби ҷуброни зарарро дар натиҷаи мусодираи ҳайвонот ва маҳсулоти ҳайвонот Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 31. Ўҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, шахсони мансабдори мақомоти ваколатдор оид ба барҳамдиҳии манбаъҳои эпизоотии махсусан хатарноки бемориҳои ҳайвонот

1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ - соҳибони ҳайвонот ва маҳсулоти ҳайвонот бо мақсади барҳамдиҳии манбаъҳои эпизоотии бемориҳои сироятии ҳайвонот ўҳдадоранд:

- талаботи Қонуни мазкур, инчунин қарорҳо, дастурҳо ва хулосаҳои байторию санитарии нозирони давлатии байториро иҷро намоянд;

- чорабиниҳои муқарраршуда ва иловагии беҳдошти байторӣ, аз ҷумла корҳои сироятзудоӣ, дезинсексионӣ ва дератизатсиониро амалӣ гардонанд;

- ҳайвоноти ба бемориҳои сироятӣ гирифторшударо нобуд созанд ва ё барои коркарди махсус ба корхонаҳо супоранд. 

2. Шахсони мансабдори мақомоти ваколатдор барои гузаронидани чорабиниҳои зиддиэпизоотии дар Қонуни мазкур пешбинишуда, ки барҳамдиҳии манбаъҳои эпизоотии бемориҳои сироятии ҳайвонотро таъмин менамоянд, ўҳдадор мебошанд.

 

Моддаи 32.  Ташхиси беҳдошти байтории маҳсулоти ҳайвонот

1. Гўшт, шир, тухм, моҳӣ ва маҳсулоти занбўри асал ва маҳсулоти дигари ҳайвонот барои муайян кардани сифат, муқаррар намудани бехатарии беҳдошти байторӣ ва мувофиқ будани онҳо барои истифода ҳамчун хўрокворӣ воҷиби санҷиши беҳдошти байторӣ мебошанд. Ташхиси беҳдошти байтории маҳсулоти ҳайвонот аз ҷониби озмоишгоҳҳои мақомоти ваколатдор гузаронида мешавад. Озмоишгоҳҳои мақомоти ваколатдор барои сифат ва ташхиси беғаразона мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.

2. Маҳсулоти ҳайвонот, ки аз рўи натиҷаҳои ташхиси беҳдошти байторӣ барои истеъмол хавфнок шуморида мешавад, мутобиқи хулосаи беҳдошти байторӣ бояд дар шароити саноатӣ бехатар (безарар) гардонида, бо мақсади бартараф намудани зарарнокии онҳо ба инсон, ҳайвонот ва муҳити зист аз тарафи моликон мавриди коркард қарор гирад ё нобуд карда шавад.

3. Фурўши маҳсулоти мавриди истеъмол, ки бо тартиби муқарраршуда аз санҷиши байторию санитарӣ нагузаштааст, манъ аст.

 

Моддаи 33. Сертификатсияи маҳсулоти ҳайвонот

Маҳсулоти саноатии ҳайвонот, ки хушсифатӣ ва бехатарии беҳдошти  байтории онҳо дар асоси натиҷаҳои санҷиши беҳдошти байторӣ муқаррар шудааст ва бо хулосаи беҳдошти  байторӣ расман тасдиқ гардидааст, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ бояд ба он сертификатимутобиқати маҳсулот дода шавад. (ҚҶТ аз 03.07.2012с.,№854)

 

Моддаи 34. Ҳамкории мақомоти идоравии беҳдошти байторӣ, шахсони мансабдор, сохторҳои мақомоти ваколатдор, мақомоти давлатии назорати санитарию эпидемиологӣ ва мақомоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ

Мақомоти идоравии беҳдошти байторӣ, шахсони мансабдор, сохторҳои мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти давлатии назорати беҳдошти эпидемиологӣ ва мақомоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар доираи салоҳияти худ ҳангоми ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо оид ба ҳифзи аҳолӣ аз бемориҳои умумии ҳайвоноту инсон ва заҳролудшавӣ аз хўрокворӣ бояд мунтазам ҳамкорӣ намоянд.

 

Моддаи 35. Ҳуқуқу ўҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми татбиқи чорабиниҳо оид ба ташхис ва сироятнопазир кардан

1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми татбиқи чорабиниҳо оид ба ташхис ва сироятнопазир кардани ҳайвонот ҳуқуқ доранд:

- сохторҳои давлатӣ ё ғайридавлатии байторӣ ва шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиеро, ки дар соҳаи байторӣ бо фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, интихоб намоянд;

- ташхис ва эмкунии профилактикии бамузди зидди бемориҳои ҳайвоноти дар номгўи бемориҳои ҳайвонот дохилбуда, ташхис ва пешгирии махсуси онҳоро гузаронанд, ки барои тамоми шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ анҷом дода  мешаванд.

2. Ҳангоми сироятнопазир намудан шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ўҳдадоранд талаботи нозирони байториро дар бораи гузаронидани эмкунии ҳатмӣ ба мақсади пешгирии  бемориҳои ҳайвонот, ки аз рўи нишондодҳои эпизоотӣ ва бемориҳои дар рӯйхати Бюрои Байналмиллалии Эпизоотӣ дохилбуда зарур мебошад, иҷро намоянд. (ҚҶТ аз 03.07.2012с.,№854)

3. Нисбат ба ҳайвоноте, ки соҳибонашон талаботи нозирони байториро дар бораи гузаронидани эмкунии ҳатмии ҳайвонот мутобиқи муқаррароти қисми дуюми моддаи мазкур иҷро накардаанд, фурўхтан, интиқол додан ё ба ҷои дигар рондан, забҳ кардан ва коркарди он барои гўшт ва маҳсулоти гўштӣ, фурўши гўшт ва маҳсулоти гўштии он бе иҷрои маҳдудиятҳои беҳдошти байтории қонунгузории байторӣ муқаррарнамуда иҷозат дода намешавад. Барои иҷро накардани талаботи мазкур соҳибони ҳайвонот мутобиқи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.

4. Ташкилотҳои суғурта ҳангоми бастани шартномаи суғуртаи ҳайвонот бояд дар он талаботро оид ба эмкунии ҳатмии ҳайвонот, ки қисми дуюми моддаи мазкур пешбинӣ намудааст, дохил намоянд. Ҳангоми иҷро накардани талаботи мазкур аз тарафи соҳибони ҳайвонот пардохтҳои суғуртавии онҳо бозгардонида намешавад.

 

Моддаи 36. Маблағгузорӣ барои ташхис ва сироятнопазир намудан ва дигар чорабиниҳои зидди эпизоотӣ

 

1. Маблағгузорӣ барои ташхис, сироятнопазир намудан ва дигар чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маблағҳои фондҳои махсуси байторӣ ва дигар манбаъҳои маблағгузорӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад.

2. Банақшагирии хароҷоти маблағгузории чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ (аз ҷумла хароҷоти ташхис ва сироятнопазир намудан) дар асоси меъёрҳои хароҷоти молиявӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин мақсадҳо муқаррар мекунад, амалӣ гардонида, дар қисми хароҷоти буҷети мақоми ваколатдор дар зерфасли «Фонди чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ» нишон дода мешавад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1364)

3. Мавод барои гузаронидани таҳқиқоти ташхисӣ ва дорувории иммунобиологӣ, барои эмкунии профилактикии зидди бемориҳое, ки дар номгўи бемориҳои ҳайвонот дохил гардидаанд, инчунин ташхис ва пешгирии махсуси онҳо барои тамоми шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ новобаста ба шаклҳои моликият  аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба таври ройгон расонида мешаванд.

(Кисми 4 хорич шуд бо ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1364)

 

Моддаи 37. Расонидани хизмати бамузди  байторӣ

 

1. Ташкилотҳои байторӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки дар соҳаи байторӣ фаъолият мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ хизмати бамузди байторӣ расонанд. Барои  кор ва хизмати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии соҳаи байторӣ соҳибони ҳайвонот, новобаста ба манбаи ба даст овардани маводи байторӣ, бояд музд  пардохт намоянд (буҷети давлатӣ, грантҳо, маблағҳои башардўстона, донорӣ ва ғайра).

2. Номгўи намудҳои хизмати бамузди  байторӣ ва тартиби расонидани онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

3. Ташкилотҳои байторӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки дар соҳаи байторӣ фаъолият мекунанд, новобаста ба шакли моликият ўҳдадоранд, ки баҳисобгирии омории байторӣ тартиб диҳанд ва ба мақомоти давлатии болоии идоравии соҳаи байторӣ ва мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи омори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.

4. Маблағе, ки корхонаю муасиссаҳо ва дигар ташкилотҳои байтории давлатӣ аз фаъолияти хизматии бамузди байторӣ ба даст меоранд, ба мақсадҳои рушди соҳаи байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути системаи фондҳои инкишофи соҳаи байторӣ аз рўи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон харҷ карда мешаванд.

 

БОБИ 7. ТАЪМИНИ ИЛМИИ БАЙТОРӢ

 

Моддаи 38. Муносибатҳои тарафайни ташкилотҳои илмӣ ва мақомоти ваколатдор 

 

1. Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти касбӣ якҷоя бо мақоми ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон равияҳои афзалиятноки мавзўъҳои илмии хусусиятҳои таҷрибавӣ доштаро муайян намуда, барномаи ҳифзи сиҳатии ҳайвонот ва назорати давлатии байториро ҳамоҳанг месозанд ва консепсияи рушди байторӣ ва илми байториро таҳия, пешниҳод ва тасдиқ мекунад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1364)

2. Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва мақоми ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон экспертизаи комплексии барномаҳои илмии соҳавӣ, барномаҳои мақсадноки ҷумҳуриявиро дар соҳаи байторӣ якҷоя татбиқ намуда, барои амалӣ кардан ва самаранок истифода бурдани дастовардҳои илми байторӣ тавсияҳо пешниҳод мекунанд.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1364)

3. Мақоми ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои афзалиятноки корҳои тадқиқоти илмиро, ки ба душвориҳои соҳаи байторӣ дар минтақа алоқаманд мебошанд, муайян карда,  барномаҳои корҳои зикршавандаро дар ҳаҷми маблағи дар буҷети он тасдиқшуда маблағгузорӣ менамояд.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1364)

 

Моддаи 39. Такмили ихтисос ва касбомўзии кормандони соҳаи байторӣ

 

1. Такмили ихтисос ва касбомўзии кормандони соҳаи байторӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1364)

2. Роҳбарони мақомоти ваколатдор, ташкилоту муассисаҳои байторӣ ўҳдадоранд, ки барои такмили ихтисоси кормандони байторӣ шароити зарурӣ муҳайё намоянд.

 

Моддаи 40. Фаъолияти истеҳсолӣ дар соҳаи байторӣ

 

1. Фаъолияти истеҳсолӣ дар соҳаи байторӣ фаъолиятест, ки барои истеҳсоли доруворӣ бо мақсади ташхис, пешгирӣ ва табобати ҳайвонот, асбобҳои байторӣ, зоотехникаи байторӣ ва таҷҳизоти байторӣ равона карда шудааст.

2. Ташкили истеҳсол ва хариди доруворӣ барои ташхис, пешгирӣ ва табобати ҳайвонот, инчунин истеҳсоли асбобҳои байторӣ, зоотехникаи байторӣ ва таҷҳизоти байторӣ мутобиқи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.

 

Моддаи 41. Дастгирии давлатии фаъолияти истеҳсолӣ дар соҳаи байторӣ

 

Бо мақсади таъмини офияти эпизоотӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон саноати байторӣ ва истеҳсоли доруворӣ барои ташхис, пешгирӣ ва табобати ҳайвонот дар доираи маблағгузории буҷетӣ, ҷалби грантҳои ташкилотҳои байналмилалӣ ва маблағҳои махсуси  хизматрасонӣ  аз дастгирии давлатӣ бархурдор  мешавад.

 

БОБИ 8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 42. Ҳалли баҳсҳо ҳангоми фаъолият дар соҳаи байторӣ

 

Баҳсҳои соҳаи байторӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи суд ҳал карда мешаванд.

 

Моддаи 43. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 44. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ»

 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2003 «Дар бораи байторӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №12 мод. 701; с. 2005,  №12, мод, 632; с. 2007, №7, мод. 688) аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Моддаи 45. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

 

           Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                     Эмомалӣ Раҳмон

 

        ш. Душанбе

 29 декабри соли 2010

                  № 674

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БАҲИСОБГИРИИ МУҲОСИБӢ ВА ҲИСОБОТИ МОЛИЯВӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 11/02/2020 - 08:54
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
702
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
25.03.2011
  ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ БАҲИСОБГИРИИ МУҲОСИБӢ ВА ҲИСОБОТИ МОЛИЯВӢ
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
с. 2011, №3, мод. 169; с. 2014, №3, мод. 149; Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 с., №1400)
 
Қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқӣ, принсипҳо ва қоидаҳои пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва тартиб додани ҳисоботи молиявиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда, муносибатҳои ин соҳаро танзим менамояд.
 
БОБИ 1. 
МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
 
Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур
 
Мақсади Қонуни мазкур аз таъмини сиёсати ягонаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, пешбурди баҳисобгирии молу мулк, дороиҳо, ӯҳдадориҳо ва тартиб додани иттилооти муқоисавӣ ва саҳеҳ вобаста ба амалиёти хоҷагидорие мебошад, ки мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо (минбаъд – ташкилотҳо) барои истифодабарандагон пешниҳод менамоянд.
 
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосии Қонуни мазкур
 
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
баҳисобгирии муҳосибӣ – низоми ягонаи ҷамъоварӣ, бақайдгирӣ, ҷамъбасти иттилоот дар бораи молу мулк, дороиҳо, ӯҳдадориҳо ва сармояи ташкилот, ки аз рӯи шаклҳои муқарраршуда тартиб дода шудаанд;
ҳисоби таркибӣ – баҳисобгирии маълумоти ҷамъбастии баҳисобгирии муҳосибӣ дар бораи намудҳои молу мулк, дороиҳо, ӯҳдадориҳо ва амалиёти хоҷагидорӣ аз рӯи нишонаҳои муайяни иқтисодӣ, ки дар ҳисоби таркибии баҳисобгирии муҳосибӣ нишон дода мешаванд;
ҳисоби таҳлилӣ – баҳисобгирие, ки дар ҳисобҳои таҳлилии  баҳисобгирии муҳосибӣ бо гурӯҳбандии маълумоти муфассал оид ба молу мулк, дороиҳо, ӯҳдадориҳо ва муомилоти дохилихоҷагии ҳар кадом  ҳисоби таркибӣ дарҷ гардидаанд;
нақшаи ҳисобҳои баҳисобгирии муҳосибӣ – номгӯи ба низом даровардашудаи ҳисобҳои таркибии баҳисобгирии муҳосибӣ;
ташкилоти муҳосибӣ – шахси ҳуқуқие, ки хизматрасониро дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ пешниҳод намуда, аъзои ташкилоти касбии муҳосибон мебошад ва дар басти вазифаҳои худ на камтар аз ду муҳосиби касбӣ дорад;
муҳосиби касбӣ – шахси воқеие, ки ихтисос ва сертификати муҳосиби касбӣ дорад;
сирри муҳосибӣ – иттилооти дорои сирри тиҷоратие, ки дар ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии муҳосибӣ ва феҳристи бақайдгирии муҳосибӣ дарҷ гардидааст;
ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ - ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии муҳосибӣ, сиёсати баҳисобгирӣ, нақшаи ҳисобҳо, ҳисоботи молиявӣ, шартномаҳо ва ҳуҷҷатҳои дигари марбути баҳисобгирии муҳосибӣ ва тартиб додани ҳисоботи молиявии ташкилотҳо;
ташкилоти касбии муҳосибон – ташкилоти ғайритиҷоратии аккредитатсияшудаи иттиҳодияи муҳосибон ва (ё) аудиторон, ташкилоти муҳосибӣ ё аудиторӣ;
аккредитатсия – ҳуқуқи эътирофшудаи ташкилоти касбии муҳосибон, ки дар шакли муқаррарнамудаи  мақоми ваколатдори давлатӣ шаҳодатнома дорад;
субъектҳои дорои манфиати умум – ташкилотҳои аҳамияти калони  ҷамъиятидошта, ки меъёрҳои муайян намудани аҳамияти онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд;
ҳисоботи молиявӣ – маҷмӯи маълумоте, ки ҳолат ва натиҷаи фаъолияти молиявии ташкилотҳоро дар асоси нишондодҳои баҳисобгирии муҳосибӣ тибқи стандартҳои байналмилалӣ ё миллӣ дар бар мегирад;
феҳристи баҳисобгирии муҳосибӣ - тартиби ҷамъоварӣ, ҷамъбасткунӣ ва мураттабсозии иттилооте, ки дар ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии аввалия ва мавҷуда барои инъикос кардан дар низоми баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ қабул гардидаанд;
ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирӣ – ҳуҷҷатҳои шаҳодатдиҳандаи  амалиёт ё рӯйдодҳои ба анҷомрасида ё ҳуқуқи ба анҷом расонидани он дар ҳомилҳои коғазӣ ва электронӣ, ки дар асоси онҳо баҳисобгирии муҳосибӣ сурат мегирад;
сертификати муҳосиби касбӣ (минбаъд - сертификат) – ҳуҷҷате, ки дараҷаи тахассуси касбии муҳосибро тасдиқ мекунад;
амалиёти хоҷагидорӣ – муомила, рӯйдод, шарт ва амалиёте, ки ба ҳолати молиявии ташкилот, натиҷаи фаъолияти молиявии он ё муомилоти маблағ таъсир расонида метавонад;
сиёсати баҳисобгирӣ – принсипҳои дақиқе, ки дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқнамудаи роҳбарияти ташкилот, маҷмӯи қоидаҳо, усулҳо ва тартиби пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва тартиб додани ҳисоботи молиявиро тибқи стандартҳои байналмилалӣ ва ё миллӣ муайян менамояд;
стандартҳои байналмилалӣ – стандартҳо ва тафсирҳое, ки Фонди стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ба нашр расонида, мақоми ваколатдори давлатӣ барои истифода тасдиқ намудааст;
стандартҳои миллӣ – ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва тартиб додани ҳисоботи молиявӣ, ки мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ намудааст;
маҳфуздоранда – манбаи электронии маълумоти ҳисоботи молиявӣ дар мақоми ваколатдори давлатӣ, ки барои истифодабарандагон дастрас мебошад;
дороиҳо - захираҳое, ки дар натиҷаи амалиёти пешин таҳти назорати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қарор дошта, гирифтани нафъи иқтисодӣ аз онҳо дар назар аст;
ӯҳдадориҳои муҳосибӣ - ӯҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки аз амалиёти пешин ба вуҷуд омада, дар натиҷаи танзими он захираи дороиҳои нафъи иқтисодӣ хориҷ мешаванд;
сармоя – ҳиссаи дороиҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки пас аз тарҳ кардани маблағи ҳамаи ӯҳдадориҳо боқӣ мондааст;
даромад – афзоиши манфиати иқтисодии давраи ҳисоботӣ дар шакли воридшавӣ ё зиёдшавии дороиҳо ё худ камшавии ӯҳдадориҳо, ки сармояи саҳомии бо ҳиссагузориҳои соҳибмулкон вобастаро афзун мегардонад;
хароҷот – камшавии манфиати иқтисодӣ дар давраи ҳисоботӣ дар шакли хориҷшавӣ ё камшавии дороиҳо ё худ зиёдшавии ӯҳдадориҳо, ки ба камшавии сармояи саҳомии бо ҳиссагузориҳои соҳибмулкон новобаста оварда мерасонад;
мақоми ваколатдори давлатӣ – мақоми марказии ҳокимияти иҷроия, ки фаъолияти соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявиро ба танзим медарорад.
 
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баҳисобгирии  муҳосибӣ ва  ҳисоботи молиявӣ
 
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои  ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1400)
 
Моддаи 4. Доираи амали  Қонуни мазкур
 
1. Қонуни мазкур нисбати ҳамаи ташкилотҳо, сарфи назар аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқиашон, инчунин нисбати ташкилотҳои хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд татбиқ мегардад, агар  санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд.
2. Соҳибкорони инфиродӣ, ки бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, пешбурди ҳисоби даромад ва хароҷотро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд.
 
БОБИ 2.
ВАЗИФАҲО ВА НИЗОМИ БАҲИСОБГИРИИ МУҲОСИБӢ ВА ҲИСОБОТИ МОЛИЯВӢ
 
Моддаи 5. Вазифаҳои  баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ
 
Вазифаҳои асосии баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ  таъмин намудани шахсони манфиатдор бо иттилооти пурра ва дақиқ оид ба ҳолати молиявӣ, натиҷаи фаъолият ва тағйироти вазъи молиявии ташкилотҳо  мебошад.
 
Моддаи 6. Низоми баҳисобгирии муҳосибӣ
 
1. Низоми баҳисобгирии муҳосибӣ низоми батанзимдарорӣ, бақайдгирӣ ва ҷамъбасти иттилоот оид ба амалиёт ва рӯйдодҳои  ташкилотҳо мебошад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
2. Амалиёт ва рӯйдодҳои дар низоми баҳисобгирии муҳосибӣ инъикосёфта, дар асоси талаботи зерин амалӣ карда мешаванд:
- навиштаҷоти комилан мувофиқи муҳосибӣ бо ҳуҷҷатҳои аслии аввалия ва инъикоси ҳамаи амалиёту рӯйдодҳо дар навиштаҷоти муҳосибӣ;
- бақайдгирии муттасил  ва саривақтии амалиёту рӯйдодҳо;
- мутобиқсозии ҳисоби таркибӣ бо ҳисоби таҳлилӣ ба санаи якуми ҳар моҳ.
3. Амалиёт ва рӯйдодҳо дар ҳисобҳои таркибӣ бо усули сабти дутарафа дар асоси нақшаи  ҳисоби баҳисобгирии муҳосибии ташкилотҳо мутобиқ ба талаботе, ки мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар намудааст, инъикос карда мешаванд.
 
Моддаи 7. Принсипҳо ва тавсифи сифатҳои асосии  баҳисобгирии муҳосибӣ ва  ҳисоботи молиявӣ
 
1. Принсипҳои баҳисобгирии муҳосибӣ ва тартиб додани ҳисоботи молиявӣ  муттасил  ҳисоб кардан ва ба ҳисоб гирифтан  мебошад.
2. Асоси тавсифи сифатии ҳисоботи молиявӣ возеҳ, бамаврид, боэътимод ва  муқоисашаванда будан аст.
 
Моддаи 8. Салоҳияти мақоми ваколатдори давлатӣ дар  соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва    ҳисоботи молиявӣ
 
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва  ҳисоботи  молиявӣ Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ салоҳиятҳои зеринро дорад:
- сиёсати давлатиро дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи  молиявӣ татбиқ менамояд, роҳбарии умумии методологиро ба зимма дорад ва аккредитатсияи ташкилотҳои касбии муҳосибонро мегузаронад;
- қоидаҳои аккредитатсияи ташкилотҳои касбии муҳосибонро таҳия ва тасдиқ менамояд;  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1400)
- Шӯрои машваратиро ҳамчун мақоми экспертӣ дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ таъсис дода, дар мувофиқа бо Бонки миллии Тоҷикистон Низомнома ва ҳайати шахсии онро тасдиқ менамояд;
- дар асоси барномаҳои байналмилалӣ ба номзадҳо сертификати муҳосиби касбӣ ва ба ташкилотҳо бошад, сертификати барномаи электронии баҳисобгирии муҳосибиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳад. Тартиби додани сертификат ва шартҳои сертификатсияи муҳосибони касбӣ, барномаи электронии  баҳисобгирии муҳосибӣ, инчунин мӯҳлати эътибор пайдо кардан ва беэътибор донистани онҳоро муайян менамояд;
- ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба масъалаҳои танзими баҳисобгирии  муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявиро дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи омор қабул менамояд, ки иҷрои онҳо барои ҳамаи ташкилотҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда ҳатмӣ мебошад;
- ба ҳамаи шахсони манфиатдор, аз ҷумла ба аҳолӣ маълумотеро, ки дар маҳфузгоҳ мавҷуд аст, пешниҳод  менамояд;
- салоҳиятҳои дигари бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо иҷро менамояд.
 
Моддаи 9. Ташкили баҳисобгирии муҳосибӣ ва  ҳисоботи молиявӣ
 
1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои ташкили баҳисобгирии муҳосибӣ ва  ҳисоботи молиявӣ оид ба риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди иҷрои амалиёти хоҷагидорӣ масъул мебошанд.
2. Роҳбарони ташкилотҳо вобаста ба ҳаҷми кори баҳисобгирӣ вазифадоранд:
- хизматрасонии муҳосибиро ҳамчун сохтори таркибӣ, ки ба он сармуҳосиб (муҳосиб) роҳбарӣ мекунад, таъсис диҳанд;
- дар басти вазифаҳо вазифаи  муҳосибро ҷорӣ намоянд;
- дар асоси шартнома баҳисобгирии муҳосибӣ ва тартиб додани ҳисоботи молиявиро  ба муҳосиботи марказӣ, ташкилоти муҳосибӣ ё ба муҳосиби касбӣ супоранд;
- баҳисобгирии муҳосибиро ҳангоми зарурат шахсан ба зимма гиранд.
3. Сиёсати баҳисобгирӣ  принсипҳои мушаххас, низомнома, қоидаҳо ва таҷрибаи андӯхтаи ташкилотҳоро ҷиҳати баҳисобгирии муҳосибӣ ва тартиб додани ҳисоботи молиявӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон,  стандартҳои байналмилалӣ, миллӣ ва нақшаҳои ҳисоби баҳисобгирии муҳосибӣ вобаста ба талабот ва хусусиятҳои фаъолияташон дар бар  мегирад.
4. Сиёсати баҳисобгирии ташкилот бо қарори роҳбари аввали ташкилот ё шахси масъули ҳолати баҳисобгирии муҳосибӣ тасдиқ карда мешавад.
5. Ҳамзамон инҳо тасдиқ карда мешаванд:
- нақшаи кории ҳисобҳои баҳисобгирии муҳосибӣ;
- шаклҳои ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирӣ барои барасмиятдарории амалиёти хоҷагидорӣ ва  ҳисоботи дохилии муҳосибӣ;
- тартиби гузаронидани барӯйхатгирӣ ва усулҳои нархгузории молу мулк, дороиҳо ва ӯҳдадориҳо;
- тартиби гардиши ҳуҷҷатҳо ва коркарди иттилооти баҳисобгирӣ;
- тартиби назорати амалиёти хоҷагидорӣ ва инчунин дигар қарорҳои барои ташкили баҳисобгирии муҳосибӣ зарур.
6. Сиёсати  баҳисобгирӣ дар  ташкилот ба таври мунтазам ҳар сол  татбиқ карда мешавад. Сиёсати баҳисобгирӣ метавонад дар ҳолатҳои тағйир ёфтани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё санадҳои меъёрии мақомоте, ки баҳисобгирии муҳосибиро ба танзим медароранд, аз ҷониби ташкилот таҳия гардидани тартиби нави баҳисобгирии муҳосибӣ ё дар ҳолати куллан тағйир ёфтани шароити фаъолияти онҳо тағйир ёбад.
 
Моддаи 10. Талаботи асосӣ ҷиҳати баҳисобгирии муҳосибӣ ва тартиб  додани ҳисоботи
                        молиявӣ
 
1. Баҳисобгирии муҳосибии молу мулк, дороиҳо, ӯҳдадориҳо ва амалиёти хоҷагидории ташкилотҳо бо пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
2. Молу мулк, дороиҳо ва ӯҳдадориҳое, ки моликияти ташкилот ба ҳисоб мераванд, аз молу мулки шахсони дигари ҳуқуқии ҳайати ин ташкилот алоҳида ба ҳисоб гирифта мешаванд.
3. Баҳисобгирии муҳосибиро ташкилот ба таври доимӣ аз лаҳзаи ба сифати шахси ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шуданаш амалӣ менамояд.
4. Ташкилот баҳисобгирии муҳосибии молу мулк, дороиҳо,  ӯҳдадориҳо ва амалиёти хоҷагидориро бо усули сабти дутарафаи ба ҳам алоқаманди ҳисобҳои баҳисобгирии муҳосибӣ амалӣ менамояд.
5. Маълумоти баҳисобгирии таҳлилӣ ба муомилот ва бақияи ҳисобҳои баҳисобгирии таркибӣ мувофиқат менамояд.
6. Тамоми амалиёти хоҷагидорӣ ва натиҷаҳои барӯйхатгирӣ бе истисно дар ҳисобҳои баҳисобгирии муҳосибӣ саривақт ва пурра ба қайд гирифта мешаванд.
7. Субъектҳои дорои манфиати умум вазифадоранд, ки баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳисоботи молиявиро мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ ва Қонуни мазкур амалӣ намоянд.
8. Роҳбарони субъектҳои дорои манфиати умум вазифадоранд, ки хизматрасонии доимоамалкунандаи аудити дохилиро таъсис диҳанд.
9. Ташкилотҳо, ба истиснои субъектҳои дорои манфиати умум, вазифадоранд, ки баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявиро мутобиқи стандартҳои миллӣ ё байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намоянд.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1400)
10. Барои ташкилотҳои хурде, ки низоми андозбандии соддакардашударо истифода мебаранд, усули соддакардашудаи ҳисобот ва  баҳисобгирии муҳосибӣ муқаррар карда мешавад.
 
Моддаи 11.  Роҳбари  хизматрасонии муҳосибӣ
 
1.Роҳбари хизматрасонии муҳосибӣ (минбаъд–cармуҳосиб) cармуҳосиби ташкилот ва ё дигар шахси мансабдоре  мебошад, ки ӯ бевосита ба роҳбари ташкилот итоат намуда, барои ташкили баҳисобгирии  муҳосибӣ, сари вақт ва пурра пешниҳод кардани ҳисоботи молиявӣ масъул мебошад.
2. Ба вазифаи сармуҳосиби дастгоҳи мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои давлатӣ, молиявӣ ва саҳомие, ки аз нисф зиёди сармояи оинномавии онҳо ҳиссаи давлат мебошад, шахсоне таъин карда мешаванд, ки:
- таҳсилоти олии иқтисодӣ дошта бошанд;
- собиқаи кории касбиашон аз 5 сол кам набошад
3. Ба вазифаи сармуҳосиби субъектҳои дорои манфиати умум шахсоне таъин карда мешаванд, ки сертификати муҳосиби касбӣ дошта бошанд.
4. Сармуҳосиби бонкҳо, ташкилотҳои қарзӣ ва молиявии хурд бояд ба талаботи муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон ҷавобгӯ бошанд.
5. Сармуҳосиб мутобиқати амалиёти хоҷагидориро бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва назоратро ба муомилоти молу мулк, дороиҳо ва иҷрои ӯҳдадориҳо таъмин менамояд.
6. Талаби сармуҳосиб дар бораи ба расмият даровардани амалиёти хоҷагидорӣ, пешниҳоди ҳуҷҷатҳои лозимӣ ва маълумоти муҳосиботӣ барои ҳамаи кормандони ташкилот ҳатмӣ мебошад.
7. Ҳуҷҷатҳои пулӣ ва ҳисобу китоб, ӯҳдадориҳои молиявӣ ва қарзӣ бе имзои сармуҳосиб эътибор надоранд ва барои иҷро қабул карда намешаванд.
8. Шахси масъули моддии ташкилот бо мувофиқаи сармуҳосиб ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда, аз як ҷой ба ҷойи дигар гузаронида мешавад.
9. Дар сурати вуҷуд доштани ихтилофи ақидаҳо миёни роҳбари ташкилот ва сармуҳосиб дар мавриди иҷрои баъзе амалиёти хоҷагидорӣ ҳуҷҷатҳо танҳо дар сурати супориши хаттии роҳбари аввали ташкилот, ки ӯ барои оқибати иҷрои чунин амалиёт пурра масъул аст, барои иҷро қабул карда мешаванд.
10. Ҳангоми аз вазифа озод кардани сармуҳосиб ҳуҷҷатҳо ба сармуҳосиби  навтаъингашта (дар сурати набудани ӯ - ба корманди бо қарори дахлдор таъиншуда) супурда, дар раванди он ҳолати баҳисобгирии  муҳосибӣ, боэътимодии маълумоти ҳисоботӣ аз ҷониби комиссияи таъсисгардида санҷида, санади дахлдор тартиб дода мешавад, ки онро роҳбари аввали ташкилот тасдиқ мекунад.
11. Ҳуқуқ, ӯҳдадориҳо ва масъулияти сармуҳосиб тибқи Дастурамали намунавии мансабии сармуҳосиб, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, муайян карда мешаванд. (КҶТ аз 14.03.14 с., №1074)
 
Моддаи 12. Ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирӣ
 
1.Тамоми амалиёти хоҷагидорӣ, ки ташкилот онро анҷом медиҳад, бояд бо ҳуҷҷатҳои дахлдор ба расмият дароварда шаванд. Ин ҳуҷҷатҳо ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирӣ буда, дар асоси онҳо баҳисобгирии  муҳосибӣ сурат мегирад.
2. Ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирӣ ба шарте қабул карда мешаванд, ки онҳо аз рӯи шакли тасдиқкардаи мақоми ваколатдори давлатӣ тартиб дода шуда, маълумоти ҳатмии зеринро дар бар гирифта бошанд:
- номгӯи ҳуҷҷат;
- рақами ҳуҷҷат;
- санаи тартиб додани ҳуҷҷат;
- номи  ташкилот, ки аз номи он ҳуҷҷат тартиб дода шудааст;
- мундариҷаи амалиёти хоҷагидорӣ ё рӯйдод;
- воҳиди ченаки амалиёти хоҷагидорӣ ё рӯйдод;
- чекҳои мошинаҳои хазинавӣ- назоратии дорои хотираи фискалӣ;
- насаб, ном ва номи падар, мансаби шахсоне, ки барои анҷом додани амалиёти хоҷагидорӣ ва дурустии барасмиятдарории онҳо масъул мебошанд ва имзои шахсии онҳо;
- рақами мушаххаси андозсупоранда.
3. Рӯйхати шахсонеро, ки ҳуқуқи имзо кардани ҳуҷҷати аввалияи баҳисобгириро доранд, роҳбари аввали ташкилот дар мувофиқа бо  сармуҳосиб  тасдиқ мекунад.
4. Ҳуҷҷатҳое, ки дар онҳо амалиёти хоҷагидорӣ бо маблағ ба расмият дароварда мешавад, аз тарафи роҳбари аввали ташкилот, сармуҳосиб ё  шахси ваколатдори  онҳо имзо карда мешаванд.
5. Ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирӣ аз лаҳзаи анҷом ёфтани амалиёти хоҷагидорӣ тартиб дода мешаванд.
6. Шахсоне, ки ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгириро тартиб дода, имзо кардаанд, онҳоро сари вақт ва хушсифат ба расмият медароранд ва барои  инъикос намудан дар ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии муҳосибӣ дар мӯҳлати муқарраршуда супорида, дурустии маълумоти дар онҳо дарҷёфтаро таъмин менамоянд.
7. Даровардани ислоҳ дар ҳуҷҷатҳои хазинавӣ ва бонкӣ манъ аст. Дар дигар ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирӣ танҳо дар мувофиқа бо иштирокчиёни амалиёти хоҷагидорӣ ислоҳ дароварда мешавад ва ин ислоҳи даровардашуда бо имзои  шахсоне, ки ин ҳуҷҷатҳоро имзо кардаанд, бо нишон додани санаи даровардани ислоҳ тасдиқ карда мешавад.
8. Барои амалӣ намудани назорат ва батартибдарории маълумот оид ба амалиёти хоҷагидорӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирӣ ҳуҷҷатҳои ҷамъбастии баҳисобгирӣ тартиб дода мешаванд.
9. Ҳуҷҷатҳои аввалия ва ҷамъбастии баҳсобгирии муҳосибӣ дар ҳомилҳои коғазӣ ва электронӣ тартиб дода мешаванд.
10. Ҳуҷҷатҳои аввалияи муҳосибӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мусодира карда мешаванд.
11. Сармуҳосиб ё шахси мансабдори дигари ташкилот ҳуқуқ доранд дар ҳузури шахсоне, ки ин ҳуҷҷатҳоро мусодира мекунанд, аз ҳуҷҷатҳо нусха бардоранд.
 
Моддаи 13. Ташкилоти касбии муҳосибон
 
1. Ташкилоти касбии муҳосибон тибқи оиннома, шартҳо ва қоидаҳои сертификатсия ва аккредитатсия амал намуда, баҳисобгирии муҳосибиро пеш мебарад.
2. Сохтор ва мақоми идоракунии ташкилоти муҳосибони касбиро оинномаи он мутобиқи қоидаҳои аккредитатсия муайян  менамояд.
3. Ташкилоти касбии муҳосибон ҳуқуқ дорад:
- дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои  баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ иштирок намояд;
- таҷрибаи пешқадамро дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ ҷамъбасту таҳлил кунад ва такмил диҳад.
4.Ташкилоти касбии муҳосибон ӯҳдадор аст:
- қоидаҳои аккредитатсияро риоя намояд;
- ба мақоми ваколатдори давлатӣ ҳисоботро оид ба фаъолияти худ бо тартиби муқарраршуда пешниҳод намояд.
5.Талабот нисбат ба ташкилоти касбии муҳосибон инҳоянд:
- ба ҳайати ташкилоти касбии муҳосибон бояд мутахассисоне қабул карда шаванд, ки дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ё аудит ақаллан ду сол таҷрибаи корӣ дошта бошанд;
- риояи Кодекси одоби муҳосиби касбӣ ва таҷрибаи байналмилалӣ барои ҳамаи аъзои ташкилоти касбии муҳосибон ҳатмb мебошад;
- низоми тахаcсусии аъзои ташкилот ба қоида ва шартҳои сертификатсия ҳатман мутобиқ бошад.
 
Моддаи 14. Феҳристи баҳисобгирии муҳосибӣ
 
1. Феҳристи баҳисобгирии муҳосибӣ бо мақсади сари вақт танзим намудан ва андӯхтани иттилооти дар ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирӣ қабулгашта барои инъикос кардан дар ҳисобҳои баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ  пешбинӣ шудааст.
2. Феҳристи баҳисобгирии муҳосибӣ дар шакли китоби махсус дар варақаҳои алоҳида ва дигар ҳомилҳои электронӣ сабт мешавад.
3. Амалиёти хоҷагидорӣ дар феҳристи баҳисобгирии муҳосибӣ муттасил ва мутобиқи ҳисобҳои дахлдори баҳисобгирии муҳосибӣ гурӯҳбандӣ карда мешаванд.
4. Инъикоси дурусти амалиёти хоҷагидориро дар феҳристи баҳисобгирии муҳосибӣ шахсоне, ки онро тартиб дода, имзо кардаанд, таъмин менамоянд.
5. Зимни нигохдории феҳристи баҳисобгирии муҳосибӣ он аз ғайриқонунӣ ислоҳ даровардан ҳифз карда мешавад. Ислоҳи хатоҳо дар феҳристи баҳисобгирии муҳосибӣ асоснок карда, бо имзои шахсе, ки ин ислоҳро даровардааст, бо нишон додани санаи даровардани ислоҳ тасдиқ карда мешавад.
6. Мундариҷаи феҳристи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи муҳосибии дохилӣ сирри тиҷоратӣ ҳисобида мешавад.
7. Шахсоне, ки барои гирифтани иттилоот аз феҳристи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи муҳосибии дохилӣ иҷозат доранд, вазифадоранд, ки сирри тиҷоратии онро нигоҳ доранд.
 
Моддаи 15.  Баҳисобгирии  молу мулк, дороиҳо ва ӯҳдадориҳо
 
1. Молу мулк, дороиҳо  ва ӯҳдадориҳо барои инъикос намудани онҳо дар ҳисобҳои баҳисобгирии муҳосибӣ  ва ҳисоботи молиявӣ аз тарафи ташкилот ба китоби ворида сабт карда мешаванд.
2. Молу мулк ва дороиҳои воридшуда ба китоби ворида бо тартиби зерин сабт карда мешаванд:
- молу мулки харидашуда - бо роҳи ҷамъ кардани хароҷоти воқеӣ;
- молу мулки ба тарзи ройгон гирифташуда - бо арзиши бозорӣ дар рӯзи ба китоби ворида сабт шудани он;
- молу мулки дар худи ташкилот истеҳсолшуда - бо арзиши аслии он.
3.Истеҳлоки воситаҳои асосӣ ва дороиҳои ғайримоддӣ новобаста ба натиҷаҳои фаъолияти хоҷагӣ дар давраи ҳисоботӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд.
4. Тартиби дигари даромад намудани молу мулк, аз ҷумла бо роҳи захиракунонӣ, дар ҳолатҳое иҷозат дода мешавад, ки санадҳои меъёрии мақоми ваколатдори давлатӣ  пешбинӣ карда бошанд.
5. Баҳисобгирии муҳосибии ҳисобҳои асъории ташкилотҳо ва амалиёт бо асъори хориҷӣ ва миллӣ дар асоси ҳисоби асъори хориҷӣ бо қурби мубодилавии Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи гузаронидани амалиёт амалӣ мегардад.
 
Моддаи 16. Барӯйхатгирии молу мулк, дороиҳо ва ӯҳдадориҳо
 
1. Барои таъмини боэътимоди маълумоти баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ ташкилотҳо ӯҳдадоранд, ки молу мулк, дороиҳо ва ӯҳдадориҳояшонро ба рӯйхат гиранд. Дар асоси он мавҷудияти ин молу мулк, ҳолат ва нархгузории онҳо санҷида, бо ҳуҷҷатҳо тасдиқ карда мешаванд
2. Тартиб ва мӯҳлати барӯйхатгирии молу мулк, дороиҳо ва ӯҳдадориҳоро роҳбари ташкилот муайян мекунад, ба истиснои ҳолатҳое, ки  барӯйхатгирӣ ҳатмӣ  мебошад.
3. Дар ҳолатҳои зерин барӯйхатгирӣ ҳатмӣ мебошад:
- ҳангоми супурдани молу мулк ба иҷора ва хариду фурӯш;
- пеш аз тартиб додани ҳисоботи солонаи муҳосибӣ;
- ҳангоми  дигар шудани шахсони масъули моддӣ;
- ҳангоми ошкор гардидани ҳолати дуздӣ, суиистифода ва ё хароб кардани молу мулк;
- ҳангоми офатҳои табиӣ, сӯхтор ва ё ҳолатҳои дигари фавқулодда;
- ҳангоми азнавташкилдиҳӣ, ҷудо кардан ё барҳамдиҳии ташкилот;
- дар ҳолатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузорӣ.
4. Ҳангоми барӯйхатгирӣ фарқи муайяншудаи байни мавҷудияти воқеии молу мулк, дороиҳо ва нишондиҳандаҳои баҳисобгирии муҳосибӣ дар ҳисобҳои баҳисобгирии муҳосибӣ аз рӯи тартиби зерин инъикос карда мешавад:
- молу мулк ва дороиҳои зиёдатӣ дар китоби ворида навишта шуда, маблағи дахлдор ба натиҷаҳои молиявии ташкилот гузаронида мешаванд;
- камомади молу мулк ва дороиҳо, вайроншавии он дар ҳудуди меъёри камшавии табиӣ аз ҳисоби истеҳсолот ё муомилот ва дар сурати зиёда аз меъёр будан аз  ҳисоби шахси гунаҳкор ҷуброн карда мешавад. Агар шахсони гунаҳкор муайян нашуда бошанд ё ки суд рӯёнидани товони зиёнро аз ҳисоби онҳо рад намояд, пас камомади молу мулк, дороиҳо ва молу мулки вайроншуда аз натиҷаи молиявии ташкилот аз ҳисоб бароварда  мешавад.
5. Ҳангоми ошкор гардидани дуздӣ, камомад, қасдан нобуд ё хароб намудани арзишҳои моддӣ, товони зиён аз ҳисоби шахси гунаҳкор  ситонида  мешавад.
 
Моддаи 17. Таркиби ҳисоботи  муҳосибӣ
 
1. Таркиби ҳисоботи муҳосибӣ оид ба баҳодиҳии ҳолати молиявӣ аз молу мулк, дороиҳо, ӯҳдадориҳо ва сармоя иборат мебошад.
2. Ҳамаи ташкилотҳо вазифадоранд, ки дар асоси маълумотҳои ҳисоби таркибӣ ва ҳисоби таҳлилӣ ҳисоботи муҳосибиро тартиб диҳанд.
3. Таркиб ва ҳаҷми ҳисоботи муҳосибиро барои ташкилотҳо мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар менамояд.
4. Ба ташкилотҳои нашрия дар матбааҳо зиёд кардан, тайёр намудан  ва ба фурӯш баровардани варақаҳо ва шаклҳои ҳисоботи муҳосибӣ ва  молиявӣ бе иҷозати хаттии мақоми ваколатдори давлатӣ манъ аст
 
Моддаи 18. Соли ҳисоботӣ
 
1. Барои ҳамаи ташкилотҳо соли ҳисоботӣ барои ҳисоботи молиявӣ аз 1 январ то  31 декабр шуморида мешавад.
2. Барои ташкилотҳои азнавташкилшуда соли аввали ҳисоботӣ давраи аз рӯзи бақайдгирии давлатӣ то 31 декабр шуморида мешавад.
3. Ҳисоботи ҳармоҳа ва семоҳа фосилавӣ буда, бо ҷамъбасти афзоишӣ аз аввали соли ҳисоботӣ тартиб дода мешавад.
 
Моддаи 19. Тартиб ва мӯҳлати пешниҳод кардани ҳисоботи  муҳосибӣ
 
1. Ҳамаи ташкилотҳо (ба истиснои ташкилотҳои буҷетӣ) ҳисоботи солонаи муҳосибиро мутобиқи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ба муассисон ё соҳибони молу мулк пешниҳод менамоянд.
2. Вазорату идораҳо ҳисоботи ҷамъбастии муҳосибии семоҳа ва солонаро ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар мӯҳлатҳои муқарраркарда месупоранд.
3. Мақомоти дигари ҳокимияти давлатӣ, бонкҳо ва дигар истифодабарандагон ҳисоботи муҳосибро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.
4. Ташкилотҳои буҷетӣ ҳисоботи ҳармоҳа, семоҳа ва солонаи муҳосибиро ба мақоми болоӣ дар мӯҳлатҳои муқарраркардаи онҳо месупоранд.
 
Моддаи 20. Нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии муҳосибӣ
 
1. Ташкилотҳо вазифадоранд, ки ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳисоботи молиявӣ ва феҳристи баҳисобгирии муҳосибиро дар ҳомилҳои коғазӣ ва ё электронӣ дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ доранд.
2. Барои ташкили нигаҳдории баҳисобгирӣ, феҳристи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ роҳбар ва сармуҳосиби ташкилот масъул мебошанд.
 
Моддаи 21. Сирри  муҳосибӣ
 
1. Маълумоти ҳуҷҷатҳои аввалия ва феҳристи баҳисобгирии муҳосибӣ сирри тиҷоратӣ ба ҳисоб рафта, онро танҳо шахсоне, ки иҷозати роҳбари аввали ташкилотро доранд ва шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас карда метавонанд.
2. Шахсоне, ки ба сирри тиҷоратӣ дастрасӣ доранд, барои ошкор сохтани он  тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.
 
БОБИ 3.
ҲИСОБОТИ МОЛИЯВӢ
 
Моддаи 22. Ҳисоботи молиявӣ
 
1. Ҳисоботи молиявӣ маълумотро дар бораи ҳолати молиявӣ, натиҷаи фаъолият ва тағйироти вазъи молиявии ташкилотҳо, ки мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ ва ё миллӣ тайёр карда шудаанд, дар бар мегирад. Ташкилотҳо ӯҳдадоранд, ки барои ҳар як давраи ҳисоботӣ ҳисоботи солонаи молиявӣ ва фосилавиро мутобиқ ба стандартҳои  байналмилалӣ ё миллӣ тартиб диҳанд.
2. Қоидаҳои тартиб додани ҳисоботи молиявӣ ва талаботи иловагӣ ба он тибқи стандартҳои байналмилалӣ ё миллӣ ва талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ муқаррар карда мешаванд.
3. Ҳаҷм, шакл ва тартиби тайёр намудани ҳисоботи молиявии субъектҳои дорои манфиати умум, ба истиснои  ташкилотҳое, ки дар қисми 4 моддаи мазкур пешбинӣ гардидаанд, тибқи стандартҳои байналмилалӣ ва Қонуни мазкур муайян карда мешаванд.
4. Ҳаҷм, шакл ва тартиби тайёр намудани ҳисоботи молиявии бонкҳо, ташкилотҳои қарзӣ ва молиявии хурдро Бонки миллии Тоҷикистон муайян менамояд.
5. Ҳисоботи молиявиро роҳбари аввали ташкилот  ва сармуҳосиб имзо мекунанд.
 
Моддаи 23. Пешниҳоди ҳисоботи молиявӣ
 
1. Ҳисоботи молиявӣ бо пули  миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода  мешавад.
2. Ташкилот ҳисоботи молиявиро ба муассис тибқи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва мақоми ваколатдори давлатии соҳаи омор дар ҷои қайди давлатӣ пешниҳод менамояд.
3. Ҷамъиятҳои саҳомӣ ва дигар ташкилотҳое, ки ҳисоботи молиявиро тибқи стандартҳои байналмилалӣ тартиб медиҳанд, вазифадоранд ҳисоботи молиявии солонаро бо хулосаи аудиторӣ бо тартиб ва дар мӯҳлати  муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ба маҳфуздоранда  пешниҳод намоянд.
4. Ташкилотҳо ҳисоботи молиявиро то 30 апрели соли баъд аз соли ҳисоботӣ пешниҳод менамоянд.
 
Моддаи 24. Нашри ҳисоботи молиявӣ
 
Ҷамъиятҳои саҳомӣ, бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарздиҳӣ, суғуртавӣ, биржаҳо, Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, фондҳои сармоягузорӣ ва дигар фондҳое, ки аз ҳисоби маблағҳои шахсӣ, ҷамъиятӣ ва давлатӣ ташкил шудаанд, вазифадоранд ҳисоботи солонаи молиявиро дар мӯҳлати на дертар аз 1 июни соли баъд аз соли ҳисоботӣ аз ҳисоби худашон дар воситаҳои ахбори омма  нашр намоянд.
 
БОБИ  4.
ТАНЗИМ  ВА НАЗОРАТИ НИЗОМИ БАҲИСОБГИРИИ МУҲОСИБӢ ВА ҲИСОБОТИ МОЛИЯВӢ
 
Моддаи 25. Танзими  баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ
 
1. Баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ ба танзим дароварда мешавад.
2. Танзими давлатии низоми баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявии бонкҳо, ташкилотҳои қарздиҳӣ ва молиявии хурд аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
 
Моддаи 26. Назорат дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ
 
1. Назорат дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ  дар шакли санҷиш гузаронида мешавад.
2. Санҷиш дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ тибқи Қонуни мазкур ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  гузаронида мешавад.
 
БОБИ 5.
МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
 
Моддаи 27. Ҷавобгарӣ барои  риоя  накардани Қонуни мазкур
 
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 28. Дар бораи аз эътибор соқит намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 
                         «Дар бораи баҳисобгирии  муҳосибӣ»
 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 1999 «Дар бораи баҳисобгирии  муҳосибӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, №5, мод. 63; с. 2006, №11, мод. 473) аз эътибор соқит дониста шавад.
 
Моддаи 29. Тартиби мавриди амал  қарор додани Қонуни мазкур
 
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
           Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                    Эмомалӣ  Раҳмон
 
      ш. Душанбе
25 марти соли 2011,
           № 702  
 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БАРҲАМДИҲИИ ТАШКИЛОТҲОИ ҚАРЗӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 11/02/2020 - 08:58
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
719
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
28.06.2011

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ БАРҲАМДИҲИИ ТАШКИЛОТҲОИ ҚАРЗӢ

 

(Ахбори маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2011, № 6, мод. 432; ҚҶТ  аз 03.07.2012 с., № 851; аз 3.08.2018 с., № 1550)

Қонуни мазкур муносибатҳои ҳуқуқии татбиқ намудани раванди барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва маҷбурӣ, аз ҷумла раванди муфлисшавии ташкилотҳои қарзиро танзим менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- мудир - шахсе, ки аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон то аз ҷониби суд таъин шудани барҳамдиҳанда ва ё мудири махсус бо мақсади таъмини ҳифзу нигоҳдории дороиҳои ташкилоти қарзие, ки иҷозатномааш бозхонд шудааст, таъин гардидааст;

- барҳамдиҳанда - шахси дорои шаҳодатномаи Бонки миллии Тоҷикистон, ки бо қарори суд барҳамдиҳии ташкилоти қарзиро бе асосҳои муфлисшавӣ анҷом медиҳад;

- мудири махсус -- шахси дорои шаҳодатномаи Бонки миллии Тоҷикистон, ки бо қарори суд барҳамдиҳии ташкилоти қарзиро аз рӯи асосҳои муфлисшавӣ анҷом медиҳад;

- муфлисшавӣ - бо тартиби муқарраршуда аз ҷониби суд ғайри қобили пардохт эътироф кардани ташкилоти қарзии қарздоршуда, яъне қобилият надоштани вай барои қонеъ гардонидани талаботи қарздеҳон аз рӯи ӯҳдадориҳои пулӣ, аз ҷумла пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет;

- барҳамдиҳии ихтиёрӣ (худбарҳамдиҳӣ) - барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ дар асоси қарори мақомоти ваколатдори ташкилоти қарзӣ;

- қарздор - ташкилоти қарзӣ, ки бо тартиби муқарраршудаи Қонуни мазкур  муфлис эътироф шудааст;

- қарздеҳ - шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла пасандозгузор, ки ҳуқуқи аз ташкилотҳои қарзӣ  талаб кардани иҷрои ӯҳдадориҳои пулиро дорад;

- пасандоз - маблағи пулие, ки бо шарти пардохти фоизи муайян ҳуқуқи истифодаи муваққатиашон ба ташкилотҳои қарзӣ дода шудааст;

- барҳамдиҳии маҷбурӣ - барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ бидуни асоси муфлисшавӣ, ки иҷозатномаи вай тибқи қонунгузории бонкӣ бозхонд шудааст ва барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ, ки иҷозатномаи вай бо сабаби муфлис шудан бозхонд шудааст;

- мурофиаи муфлисшавӣ - мурофиае, ки бо қарори суд нисбат ба ташкилотҳои қарзии муфлис эътирофшуда оғоз мегардад ва аз тарафи мудири махсус анҷом дода мешавад;

- суд - судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- кумитаи қарздеҳон - мақоми ваколатдори маҷлиси қарздеҳони қарздор, ки фаъолияти худро мутобиқи талаботи Қонуни мазкур анҷом медиҳад;

- свопи асъорӣ - амалиёти хариди асъори хориҷӣ бо пардохти фаврии муодили он бо пули миллӣ ва бо шарти бозхариди минбаъдаи он аз рӯи қурби шартномавӣ;

- репо - амалиёти хариди (фурӯши) коғазҳои қиматнок бо ӯҳдадории бозфурӯши (бозхариди) онҳо дар мӯҳлат ва бо нархи қаблан муайянгардида.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ

1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (ҚҶТ аз 3.08.2018 с., № 1550).

2. Дар ҳолати мухолифат байни муқаррароти Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ, муқаррароти ҳамин Қонун татбиқ карда мешаванд (ҚҶТ аз 3.08.2018 с., № 1550).

 

Моддаи 3. Хабардор кардани Бонки миллии Тоҷикистон дар  хусуси  мушкилоти ташкилоти қарзӣ

Роҳбарон ва саҳмиядорони (иштирокдорони) ташкилоти қарзӣ ӯҳдадоранд ба Бонки миллии Тоҷикистон фавран хабар диҳанд, агар ба онҳо яке аз ин ҳолатҳо маълум бошад:

- аз ҷониби ташкилоти қарзӣ иҷро нагардидани ӯҳдадории пулӣ дар назди ҳар гуна қарздеҳ;

- сатҳи нокифояи сармоя ё пардохтпазирӣ нисбати талаботе, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд;

- риоя накардани меъёрҳои мақбул, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва талаботи қонунии Бонки миллии Тоҷикистон;

- қабули ҳар гуна қарори мақомоти ваколатдори ташкилоти қарзӣ дар бораи барҳамдиҳии он;

- пардохтнопазирии ташкилоти қарзӣ ё мавҷудияти  таҳдиди он;

- амалҳои бевиҷдонона, сӯиистифода аз мансаб, ришвахӯрӣ, қаллобӣ ва дигар амалҳои ғайриқонунии роҳбарон, аъзои Шӯрои нозирон ё саҳмиядорони ташкилоти қарзӣ, ки метавонанд боиси пайдо шудани мушкилоти молиявии ташкилоти қарзӣ гарданд.

БОБИ 2. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ ДАР БОРАИ БАРҲАМДИҲӢ

Моддаи 4. Асоси барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ

Барои анҷом додани ҳар гуна раванди барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ тариқи судӣ ё ғайрисудӣ, қарори Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи бозхонди иҷозатнома барои анҷом додани фаъолияти бонкӣ асоси ягона ба ҳисоб меравад.

 

Моддаи 5. Расмиёти барҳамдиҳӣ

1. Расмиёти барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ дар шакли барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва барҳамдиҳии маҷбурӣ гузаронида мешавад.

2. Барҳамдиҳии ихтиёрӣ бо тариқи  ғайрисудӣ ва барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ бо тариқи судӣ гузаронида мешаванд.

3. Барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ дар асоси аризаи Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори суд амалӣ мегардад.

4. Баъди бозхонди иҷозатномаи ташкилоти қарзӣ, талаботи Бонки миллии Тоҷикистон оид ба талаб кардани ҳисоботи молиявӣ ва дигар ҳисобот қатъ мегардад.

5. Бонки миллии Тоҷикистон мониторинги ташкилоти қарзии барҳамхӯрандаро то пурра тамом шудани ҳамаи расмиёт ва ворид намудани сабт ба феҳрист оид ба қатъи фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ ба сифати шахси ҳуқуқӣ, дар доираи ваколатҳои пешбининамудаи қонун анҷом медиҳад.

БОБИ 3. БАРҲАМДИҲИИ ИХТИЁРӢ

Моддаи 6. Тартиби барҳамдиҳии ихтиёрӣ

1. Барҳамдиҳии ихтиёрии ташкилоти қарзӣ бо тариқи ғайрисудӣ тибқи асосҳои пешбиникардаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо розигии Бонки миллии Тоҷикистон сурат мегирад.

2. Қарор дар бораи барҳамдиҳии ихтиёрии ташкилоти қарзӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори он дар ҳолати қобили пардохт будани ташкилоти қарзӣ қабул карда мешавад.

3. Ташкилоти қарзӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон оид ба бозхонди иҷозатнома бо дархост муроҷиат мекунад, ки ба он бояд нақшаи муфассали чорабиниҳо дар бораи мӯҳлати омодагии ташкилоти қарзӣ оид ба қатъи фаъолияти худ, тартиб ва мӯҳлати қонеъ гардонидани талаботи қарздеҳон замима гарданд.

4. Бонки миллии Тоҷикистон дар муддати на дертар аз як моҳ дархости ташкилоти қарзиро баррасӣ карда, қарори дахлдор қабул менамояд.

5. Ҳангоми аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон қонеъ гардонидани дархости ташкилоти қарзӣ дар бораи барҳамдиҳии ихтиёрӣ мақомоти ваколатдори ташкилоти қарзӣ комиссияи барҳамдиҳӣ таъсис медиҳад, ки он барои анҷом додани расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва ҳисоббаробаркунӣ бо қарздеҳони ташкилоти қарзӣ масъул мебошад.

6. Комиссияи барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ ӯҳдадор аст дастрасии Бонки миллии Тоҷикистонро ба биноҳои ташкилоти қарзӣ, ҳисобот, ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои ба фаъолияти ташкилоти қарзӣ дахлдор таъмин намояд.

7. Қонеъ гардонидани дархости ташкилоти қарзӣ имкон дорад аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон рад гардад, агар муайян карда шавад, ки дороиҳои мавҷудаи ташкилоти қарзӣ барои пурра қонеъ гардонидани талаботи қарздеҳон кофӣ намебошанд ва ё барои бозхонди иҷозатнома дигар асосҳо мавҷуд бошанд.

8. Комиссияи барҳамдиҳӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ҳисоботи тавозунӣ ва дигар маълумоти заруриро пешниҳод менамояд. Шахсоне, ки барои қасдан пешниҳод кардани маълумоти нодуруст гунаҳгоранд, дар рафти ба миён гузоштани масъалаи барҳамдиҳии ихтиёрӣ бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

9. Агар Бонки миллии Тоҷикистон муайян кунад, ки комиссияи барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ тартиби барҳамдиҳии ихтиёриро муваффақона таъмин накарда, талаботи Бонки миллии Тоҷикистонро иҷро намекунад ё ҳуқуқу манфиатҳои қонунии қарздеҳон риоя намегарданд, Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад бо мақсади таъмини ҳифзу нигоҳдории дороиҳои ташкилоти қарзӣ мудир таъин карда, ба суд бо ариза дар бораи барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ муроҷиат намояд.

БОБИ 4. БАРҲАМДИҲИИ МАҶБУРӢ

Моддаи 7. Барҳамдиҳии маҷбурӣ

1. Барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ тибқи қарори суд бе асосҳои муфлисшавӣ ё бо асосҳои муфлисшавӣ амалӣ мегардад. 

2. Пешниҳоди ариза дар бораи барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ ба суд ҳуқуқи истисноии Бонки миллии Тоҷикистон мебошад.

3. Мақомоти дигари ваколатдор ва қарздеҳон метавонанд ҷиҳати барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиат намоянд. Бонки миллии Тоҷикистон ӯҳдадор аст дар мӯҳлати на дертар аз як моҳ муроҷиати мазкурро баррасӣ намуда, қарори дахлдор қабул намояд.

 

Моддаи 8. Барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ бе асосҳои муфлисшавӣ

Бонки миллии Тоҷикистон ҳангоми мавҷудияти асоси қонунӣ аз ташкилоти қарзӣ иҷозатномаро барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бозхонд намуда, дар он мудир таъин менамояд ва дар бораи барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ бе асосҳои муфлисшавӣ бо ариза ба суд муроҷиат мекунад.

 

Моддаи 9. Оғози барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ бе  асосҳои муфлисшавӣ

1. Аз рӯзи қабули санади судӣ дар бораи барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ расмиёти барҳамдиҳии маҷбурӣ оғозшуда ҳисоб мешавад ва суд барҳамдиҳандаеро, ки шаҳодатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро дорад, таъин мекунад. Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ талаботи тахассусии барҳамдиҳанда ва тартиби гирифтани шаҳодатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро муқаррар менамояд.

2. Мудир ба воситаи тартиб додани санади қабулу супурди молу  мулк ва ҳуҷҷатҳо идоракунӣ ва назорати ташкилоти қарзиро ба ихтиёри барҳамдиҳанда месупорад. Барҳамдиҳанда расмиёти барҳамдиҳии маҷбуриро мутобиқи Қонуни мазкур анҷом медиҳад

 3. Агар дар рафти барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ ғайри қобили пардохт будани он маълум шавад, он гоҳ суд тибқи пешниҳоди барҳамдиҳанда расмиёти барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзиро бо асосҳои муфлисшавӣ оғоз мекунад.

4. Барҳамдиҳанда на дертар аз ду рӯзи баъди таъин шудан дар бораи оғози расмиёти барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ дар воситаҳои ахбори омма хабарнома нашр мекунад

5. Аз лаҳзаи оғози барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ:

- амалҳое, ки ташкилоти қарзӣ анҷом медиҳад ё аз номи ташкилоти қарзӣ анҷом дода шудаанд, беэътибор дониста мешаванд, ба истиснои амалҳое, ки барҳамдиҳанда ё шахси ваколатдори ӯ анҷом медиҳад;

- ҳамаи парвандаҳои судӣ нисбат ба ташкилоти қарзӣ ва ҳабси дороиҳои он қатъ мегарданд;

- ба дороиҳои ташкилоти қарзӣ тартиби истеҳсолоти иҷро татбиқ намегардад, ба истиснои дороиҳои таҳти гарав қарордошта ба андозаи маблағи қарзи бо гарав таъминшуда;

- нисбат ба ташкилоти қарзӣ дигар расмиётҳо оғоз карда намешаванд, агар Қонуни мазкур тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.

6. Барҳамдиҳанда ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои мудири махсусро доро мебошад.

 

Моддаи 10. Барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ бо асосҳои  муфлисшавӣ

1. Ташкилоти қарзӣ ҳангоми ғайри қобили пардохт буданаш муфлис эътироф мешавад, агар он ҳангоми фаро расидани мӯҳлати пардохт талаботи қонунии қарздеҳонро оид ба пардохти қарз ва иҷрои дигар ӯҳдадориҳо қонеъ карда натавонад ё рад намояд, сармояаш камтар аз 25 фоизи талаботи меъёрии муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистон бошад ё ки ӯҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ аз дороиҳои он зиёд бошад.

2. Ҳангоми оғоз намудани мурофиаи муфлисшавӣ нисбат ба ташкилоти қарзӣ инҳо ба эътибор гирифта намешаванд:

- дар оянда имконият доштани ташкилоти қарзӣ барои пардохти ӯҳдадориҳои пулӣ;
- мавҷудияти маблағҳое, ки ба дороиҳои ташкилоти қарзӣ шомил набуда, дар ихтиёри саҳмиядорон ё сармоягузорони эҳтимолии ташкилоти қарзӣ қарор доранд, даромаднокии ташкилоти қарзӣ дар гузашта, обрӯю нуфузи он ва ғайра;

- далел ва ҳуҷҷатҳои иловагии ташкилоти қарзӣ, ки қаблан ё зимни қабули қарор оид ба бозхонди иҷозатнома дар Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи онҳо маълумот мавҷуд набуд.

3. Ҳангоми муфлисшавии ташкилоти қарзӣ амалҳое, ки ташкилоти қарзӣ анҷом додааст ё аз номи он анҷом дода шудаанд, беэътибор дониста мешаванд, ба истиснои амалҳое, ки мудири махсус ё шахси ваколатдори ӯ анҷом медиҳанд.

4. Ҳангоми мавҷуд будани асосҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзии ғайри қобили пардохт имкон дорад  фавран, бе истифодаи чораҳои огоҳсозии муфлисшавии ташкилоти қарзӣ, инчунин чораҳои огоҳкунанда ва муҷозоти пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шавад.

 

Моддаи 11. Ариза дар бораи оғоз намудани мурофиаи муфлисшавӣ

 1. Ариза дар бораи  муфлис эълон  кардани ташкилоти қарзӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи қабули қарор дар бораи бозхонди иҷозатномаи ташкилоти қарзӣ  бо зикри асосҳо ба суд пешниҳод карда мешавад. Аз лаҳзаи бозхонди иҷозатнома фаъолияти ташкилоти қарзӣ қатъ мегардад.

2. Бонки миллии Тоҷикистон якҷоя бо ариза ба суд ҳамчунин тавозуни ташкилоти қарзӣ ва рӯйхати номзадҳоро ба вазифаи мудири махсус пешниҳод  менамояд.

3. Аз лаҳзаи аз ҷониби суд ба истеҳсолот қабул шудани ариза дар бораи оғози мурофиаи муфлисшавии ташкилоти қарзӣ ягон қарздеҳ барои бозпас гирифтани маблағи пулӣ ё талаби иҷрои дигар ӯҳдадориҳо ҳуқуқ надорад.

 

Моддаи 12. Таъини мудир

1. Бонки миллии Тоҷикистон бо қабули қарори дахлдор дар бораи бозхонди иҷозатнома аз ташкилоти қарзӣ дар он мудир таъин менамояд.

2. Мудир барои идора кардани ташкилоти қарзӣ то лаҳзаи аз ҷониби суд мутобиқи моддаи 17 Қонуни мазкур таъин кардани мудири махсус масъул мебошад.

3. Хароҷот вобаста ба амалҳои мудир аз ҳисоби ташкилоти қарзӣ пардохт карда мешаванд. Андозаи хароҷоти мудирро Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар мекунад. Хароҷоти муқарраршудаи мудир пеш аз талаботи дигар нисбат ба ташкилоти қарзӣ пардохт карда мешаванд (ҚҶТ аз 3.08.2018 с., № 1550).

 

Моддаи 13. Оқибатҳои оғоз кардани мурофиаи муфлисшавӣ ва таъини мудири махсус

1. Аз лаҳзаи оғози мурофиаи  муфлисшавии ташкилоти қарзӣ:

- мӯҳлати пардохти ҳамаи ӯҳдадориҳои қарзии ташкилоти қарзӣ фарорасида ҳисоб мешавад;

- ҳисоб кардани ҳамаи андозҳо (ба истиснои андоз аз даромад), дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет,  ноустуворона ва фоизи ӯҳдадориҳои қарзии ташкилоти қарзӣ қатъ мегарданд;

- андозҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, ноустуворона ва фоизҳои то оғози расмиёти барҳамдиҳӣ ҳисобкардашуда мутобиқи Қонуни мазкур пардохт карда мешаванд;

- маълумот дар бораи вазъи молиявии ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла маълумот дар бораи қарздорон, ба истиснои маълумот дар бораи амонат ва пасандозҳои шахсони воқеӣ минбаъд маълумоти дорои сирри тиҷоратӣ ва бонкӣ ҳисобида намешаванд;

- маълумот дар бораи амонатгузорону пасандоздорон, ба истиснои маълумот оид ба маблағи умумии талаботи онҳо, шахсони вобастаи ташкилоти қарзӣ ё шахсони тибқи Қонуни мазкур ба фаъолияти ғайриқонунӣ гумонбаршуда махфӣ боқӣ мемонад;

- анҷом додани аҳдҳои бегона кардани молу мулки ташкилоти қарзӣ ва ба шахси сеюм додани истифодаи  молу мулки ташкилоти қарзӣ ё иҷрои ӯҳдадориҳо танҳо мутобиқи Қонуни мазкур иҷозат дода мешавад;

- иҷрои санадҳои судӣ (қарорҳо, таъинот ва ғайраҳо) ҷиҳати пардохти қарзҳои ташкилоти қарзӣ ва ҳабси дороиҳои он, инчунин амалҳое, ки ба иҷрои маҷбурии ӯҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ равона шудаанд, қатъ карда мешаванд;

- ҳамаи талабот ба молу мулки ташкилоти қарзӣ танҳо дар доираи мурофиаи муфлисшавӣ пешниҳод карда мешаванд;

- талаботи пешниҳодшудаи қарздеҳ - гаравгир мутобиқи Қонуни мазкур қонеъ гардонида мешаванд.

2. Аз лаҳзаи таъин шудани мудири махсус, ваколатҳои мудир қатъ шуда, ваколатҳои мақомоти идораи ташкилоти қарзӣ (маҷлиси умумии саҳмиядорон, шӯрои нозирон, раёсат, раис) ва мудир ба мудири махсус мегузаранд ва ӯ ягона намояндаи қонунии ташкилоти қарзӣ ба ҳисоб меравад.

3. Мақомоти идораи ташкилоти қарзӣ ӯҳдадоранд аз лаҳзаи таъин шудани мудири махсус ба ихтиёри ӯ вогузор намудани ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои ташкилоти қарзӣ, мӯҳру тамға, дороиҳоро таъмин намоянд. Дар ҳолати саркашӣ аз иҷрои чунин ӯҳдадорӣ мақомоти идораи ташкилоти қарзӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

4. Мудири махсус вазифадор аст дар бораи таъин шудани худ дар воситаҳои ахбори омма на дертар аз панҷ рӯзи баъди қабули қарори дахлдори суд хабар ба чоп расонад. Ин хабар на камтар аз се маротиба бо фосилаи ҳафт рӯз чоп карда мешавад.

5. Дар хабар бояд инҳо нишон дода шаванд:

- маълумот дар бораи суде, ки оид ба таъини мудири махсус қарор  қабул кардааст ва таърихи оғози раванди муфлисшавӣ;

- номи расмӣ ва дигар мушаххасоти ташкилоти қарзӣ;

- тартиби пешниҳоди талабот аз ҷониби  қарздеҳон;

- мӯҳлати пешниҳоди талабот, ки бояд на камтар аз се моҳ бошад;

- маълумот дар бораи мудири махсус;

- дигар маълумоти зарурӣ.

6. Ҳисоббаробаркунӣ бо қарздеҳон аз ҷониби мудири махсус мутобиқи Қонуни мазкур сурат мегирад.

 

Моддаи 14. Хабардор кардани мақоми давлатии бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, Бонки миллии Тоҷикистон

1. Мудири махсус ӯҳдадор аст дар бораи  оғоз ва анҷоми мурофиаи  муфлисшавӣ дар мӯҳлати се рӯз ба мақоми давлатии бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, Бонки миллии Тоҷикистон хабар диҳад

2. Дар ҳолати ба анҷом расидани мурофиаи  муфлисшавӣ, қайд дар бораи мавҷудияти ташкилоти қарзӣ дар феҳристи давлатии бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ,  феҳристи ташкилотҳои қарзӣ бекор карда шуда, фаъолияти он қатъшуда ҳисоб карда мешавад.

 

Моддаи 15. Мӯҳлати гузаронидани мурофиаи муфлисшавӣ

1. Мӯҳлати гузаронидани мурофиаи муфлисшавии ташкилоти қарзӣ наметавонад аз ду соли тақвимӣ зиёд бошад. Ҳангоми зарурат мӯҳлати мазкур мумкин аст тибқи таъиноти суд дар асоси дархости мудири махсус боз то ду соли дигар тамдид карда шавад.

2. Мӯҳлати гузаронидани мурофиаи муфлисшавӣ бидуни қабул ва баррасии ҳисоботи мудири махсус тамдид карда намешавад.

3. Бо ба итмом расидани мурофиаи муфлисшавӣ ҳамаи ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо барои нигоҳдорӣ ба мақомоти бойгонии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешаванд.

 

Моддаи 16. Аз нав оғоз кардани мурофиаи муфлисшавӣ

Қарздеҳони ташкилоти қарзӣ, ба ғайр аз шахсони вобастаи ташкилоти қарзӣ дар давоми 12 моҳ баъди анҷом ёфтани мурофиаи муфлисшавӣ, дар ҳолати ошкор кардани ҳар гуна дороиҳои қарздор, ҳуқуқ доранд бо ариза дар бораи аз нав оғоз кардани мурофиаи муфлисшавӣ ба суд муроҷиат кунанд.

 

Моддаи 17. Мудири махсус

1. Мудири махсус аз лаҳзаи таъин шуданаш ҳуқуқу ӯҳдадориҳои пешбиникардаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба зимма дорад.

2. Мудири махсус танҳо аз рӯйхати номзадҳое, ки Бонки миллии Тоҷикистон шаҳодатнома додааст ва ба суд пешниҳод кардааст, таъин шуда метавонад. Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ талаботи тахассусии мудири махсус ва тартиби гирифтани шаҳодатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро муқаррар менамояд.

3. Мудири махсус ягона намояндаи қонунии ташкилоти қарзие мебошад, ки нисбат ба он мурофиаи муфлисшавӣ татбиқ мегардад. Вай ҳуқуқ дорад мурофиаи муфлисшавиро бо ҷалб намудани собиқ роҳбарон ва кормандони ташкилоти қарзӣ ё шахсони дигар анҷом диҳад.

4. Вазифаи асосии мудири махсус ба манфиати қарздеҳон ситонидан ва бегона кардани (фурӯхтани) дороиҳои ташкилоти қарзӣ ва тақсими маблағҳо бо тартиби муқарраркардаи Қонуни мазкур мебошад.

5. Мудири махсус дар Бонки миллии Тоҷикистон ё бо розигии он дар ягон ташкилоти қарзии дигар суратҳисобҳо мекушояд, ки ҳамаи маблағҳои пулӣ бояд ба ин суратҳисобҳо ворид ё аз онҳо пардохт карда шаванд.

6. Мудири махсус инчунин:

- ба ташкилоти қарзӣ роҳбарӣ карда, онро бе ваколатнома намояндагӣ мекунад;

- баҳисобгирӣ ва нархгузории дороиҳои ташкилоти қарзиро анҷом дода, бо ин мақсад ҳуқуқ дорад нархгузорон ва дигар мутахассисонро даъват карда, аз ҳисоби дороиҳои ташкилоти қарзӣ ба онҳо ҳаққи хизмат диҳад;

- рӯйхати қарздеҳон ва қарздорони ташкилоти қарзиро тартиб дода, вазъи молиявии ташкилоти қарзиро бо мақсади ситонидани қарзҳо, арзёбии тавозун, фурӯши молу мулк ва пардохти қарзҳои қарздеҳон баррасӣ менамояд;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони ташкилоти қарзиро дар хусуси минбаъд аз кор озод кардани онҳо огоҳ мекунад;

- бо тартиби муқарраршуда доир ба талаботи ба ташкилоти қарзӣ пешниҳодкардаи қарздеҳон изҳори назар мекунад;

- барои ба ҷавобгарӣ кашидани шахсоне, ки дар рафти муфлисшавӣ амалҳои ғайриқонунӣ, муфлисшавии сохта ва бадқасдона содир кардаанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  чораҳои зарурӣ меандешад;

- дигар чораҳои заруриеро меандешад, ки мухолифи Қонуни мазкур нестанд.

7. Аз рӯи ӯҳдадориҳое, ки аз аҳдҳои ташкилоти қарзӣ бармеоянд ва мудири махсус мутобиқи ваколатҳои додаи  Қонуни мазкур  бастааст, худи ташкилоти қарзӣ масъул мебошад.

. Мудири махсус ҳангоми бастани аҳдҳо масъулият бар дӯш дорад, агар вай аз номи худ, бе нишон додани он, ки мудири махсуси ташкилоти қарзӣ мебошад, амал кунад.

9. Дар сурати ба миён омадани масъалаҳои баҳсталаб ва мушкилот дар амалӣ намудани ваколатҳои мудири махсус, суд бо мақсади таъмини мурофиаи дахлдори муфлисшавӣ тибқи аризаи мудири махсус ҳуқуқ дорад вайро ваколатдор намояд, ки нисбат ба ташкилоти қарзӣ ё дороиҳои он амалҳои мушаххас андешад ё аз андешидани онҳо худдорӣ намояд.

10. Суд мудири махсусро дар ҳолатҳои зерин иваз мекунад:

- бо хоҳиши мудири махсус;

- иҷро накардан ё иҷрои номатлуби вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда;

- агар мудири махсус барои иҷрои минбаъдаи ӯҳдадориҳо ҳуқуқ надошта бошад ё аз ӯҳдаи минбаъд иҷро кардани вазифаи худ набарояд;

- дар дигар ҳолатҳои пешбиникардаи қонун.

11. Дар ҳамаи ҳолатҳои иваз намудани мудири махсус, шахси ивазкунанда ваколатҳои мудири махсусро бо тартиби муқарраршуда аз рӯи санади қабулу супурдани тасдиқкардаи суд  қабул менамояд.

 

Моддаи 18. Ҳуқуқи мудири махсус

Мудири махсус дар мурофиаи муфлисшавӣ ҳуқуқ дорад ба манфиати қарздеҳон:

1) ҳар гуна амалҳои қонуниро бо дороиҳои ташкилоти қарзӣ бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи қарздеҳон анҷом дода, барои рӯёнидани қарзҳо дар назди ташкилотҳои қарзӣ чораҷӯӣ намояд, инчунин барои ҷустуҷӯ, ошкор ва баргардонидани молу мулки ташкилоти қарзӣ тадбирҳо андешад;

2) ҳар гуна ӯҳдадории ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла аҳдҳои иҷрошавандаро, ки фоида намеоранд ё боиси ба вуҷуд омадани ӯҳдадориҳо мегарданд, рад кунад;

3) асоснокии талаботи қарздеҳонро тафтиш карда, дар ҳолати беасос буданашон онҳоро пурра ё қисман рад кунад;

4) дороиҳои ташкилоти қарзиро пурра ё қисман бо ҳар тарзе ки қонунгузорӣ пешбинӣ кардааст, фурӯшад ё бо таври дигар бегона кунад. Ҳангоми фурӯхтани молу мулки ташкилоти қарзӣ, вай аз ҳамаи намуди андозҳо ва боҷу хироҷ озод карда мешавад;

5) аз ҳар гуна шахс, аз ҷумла, аз саҳмиядори (иштирокдори) ташкилоти қарзӣ ё шахсони вобастаи он дар давоми ду сол то оғози раванди муфлисшавӣ маълумоти зеринро талаб намояд:

а) оид ба муносибатҳои меҳнатӣ ва дигар муносибатҳо бо шахсони вобастаи ташкилоти қарзӣ дар давоми як сол пеш аз қабули қарор дар бораи оғози раванди муфлисшавӣ;

б) оид ба суратҳисобҳо ва ҳуҷҷатҳои муҳосибии  ба ташкилоти қарзӣ дахлдошта;

6) барои фаъолияташ подошпулиеро, ки суд бо тартиби муайянкардаи моддаи 21 Қонуни мазкур муқаррар кардааст, гирад;

7) ба қарздеҳон бо тартиби муқарраркардаи Қонуни мазкур қисман маблағ пардохт кунад;

8) дар ҳолати ба миён омадани масъалаҳои баҳсталаб дар мурофиаи муфлисшавӣ ба суд муроҷиат намояд;

9) зимни фурӯши дороиҳо тариқи музояда нархи ибтидоиро муқаррар кунад ва дороиҳоро ба он иштирокдорони музояда фурӯшад, ки нархи аз ҳама баландтаринро пешниҳод кардаанд;

10) дигар ваколатҳои қонуниеро, ки барои таъмини самарабахши мурофиаи муфлисшавии ташкилоти қарзӣ  заруранд, анҷом диҳад.

 

Моддаи 19. Ҳуқуқи мудири махсус вобаста ба иштироки ашкилоти қарзӣ дар шахси ҳуқуқии дигар

1. Дар ҳолатҳое, ки бевосита қонунгузорӣ ё ҳуҷҷатҳои таъсисии ташкилоти қарзӣ пешбинӣ кардаанд, мудири махсус ҳуқуқ дорад пардохтро аз фурӯши саҳмияҳо аз ҷамъияти саҳомӣ ё фурӯши саҳмро аз шахсони дигари ҳуқуқӣ, ки ташкилоти қарзӣ муассиси  (саҳмиядори иштирокдори) он мебошад, талаб кунад.

2. Мудири махсус ҳуқуқ дорад ҳисса ё саҳмияҳои дар қисми 1 моддаи мазкур нишондодаи ташкилоти қарзиро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони сеюм фурӯшад (бегона намояд). 

 

Моддаи 20. Ҳуқуқи мудири махсус вобаста ба дороиҳои ташкилоти  қарзӣ, ки дар ихтиёри шахсони сеюм қарор доранд

1. Мудири махсус метавонад иҷрои ҳар гуна ӯҳдадории ташкилоти қарзиро, ки то оғози мурофиаи  муфлисшавӣ ба миён омадааст, рад кунад, аммо ҳуқуқ надорад баргардонидани молу мулки ташкилоти қарзиро, ки қонунан дар ихтиёри шахсони сеюм мутобиқи шартнома қарор дорад, то охири мӯҳлати дар шартнома зикршуда талаб кунад.

2. Агар шартнома бо шахси сеюм баргардонидани молу мулкро (масалан, дар ҳолати риоя накардани шартҳои шартнома ё барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ) иҷозат диҳад, он гоҳ мудири махсус ҳуқуқ дорад баргардонидани молу мулкро талаб кунад.

3. Агар мудири махсус ҳуқуқи талаби баргардонидани молу мулки дар ихтиёри шахсони сеюм қарордоштаро надошта бошад, ӯ ҳуқуқҳои тарафи сеюмро поймол накарда, ҳуқуқ дорад то анҷомёбии мӯҳлати дар шартнома зикршуда молу мулки мазкурро ба тарафи дигаре, ки ба зимма гирифтани ӯҳдадориҳои ташкилоти қарзиро тибқи шартнома хоҳиш кардааст, бо қаблан огоҳ кардани тарафи сеюме, ки молу мулки  зикршуда дар ихтиёри вай аст, фурӯшад.

 

Моддаи 21. Подошпулии мудири махсус

1. Андозаи подошпулии мудири махсусро суд бо пешниҳоди Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар мекунад. Подошпулӣ ба мудири махсус аз ҳисоби дороиҳои ташкилоти қарзӣ пардохт гардида, ба ҳисоби хароҷоти мурофиаи муфлисшавӣ дохил мешавад.

2. Подошпулӣ ба мудири махсус ва кормандони тобеи ӯ аз пардохтҳои ҷорӣ (музди меҳнат) ва иловагӣ (мукофот ва бонусҳо) иборат буда, дар давраи иҷрои вазифаашон дода мешавад. 

3. Маблағи иловапулӣ ба мудири махсус ва кормандони тобеи ӯ бояд аз панҷ фоизи маблағҳои барои қонеъгардонии талаботи қарздеҳон сарфшаванда, ба истиснои маблағҳое, ки аз фурӯши дороиҳои багаравмонда гирифта шудаанд, зиёд набошад.

 

Моддаи 22. Ӯҳдадориҳои мудири махсус

Мудири махсус ӯҳдадор аст:

- вазифаҳои ба зиммаи вай вогузоршударо бо назардошти ҳуқуқу манфиатҳои қонунии ҳамаи қарздеҳон софдилона иҷро намояд;

- аз лаҳзаи таъин шудан идора ва назорати фаъолияти ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла қарзҳо ва дигар ӯҳдадориҳое, ки дигар тарафҳо дар назди ташкилоти қарзӣ доранд, инчунин назорати дороиҳо ва ӯҳдадориҳое, ки ташкилоти қарзӣ баъди оғоз шудани раванди муфлисшавӣ ба даст овардааст ё ба даст меорад, анҷом диҳад;

- ҳифзу нигоҳдории ҳамаи дороиҳои ташкилоти қарзиро таъмин карда, вазъи молиявии онро бо мақсади муайян кардани кифоятии дороиҳо барои пӯшонидани хароҷоти мурофиаи муфлисшавӣ таҳлил  намояд;

- мутобиқи Қонуни мазкур дар мӯҳлати кӯтоҳтарин ҳамаи дороиҳои ғайрипулии ташкилоти қарзиро фурӯшад ва маблағи бадастомадаро байни қарздеҳон тақсим намояд;

- ба суд ва Бонки миллии Тоҷикистон бо тартиби муқарраркардаи Қонуни мазкур ҳисобот диҳад;

- барои дар ҳамаи ҳуҷҷатҳои содираи ташкилоти қарзӣ (мактубҳо, ҳисобномаҳо, ҳуҷҷатҳои молиявӣ ва ғайра) дарҷ гардидани маълумот оид ба дар мурофиаи муфлисшавӣ қарор доштани ташкилоти қарзӣ назорат барад;

- агар биноҳо, таҷҳизот ё молу мулки дигари ташкилоти қарзӣ барои аҳолӣ ва бехатарии ҷомеа хатари эҳтимолӣ дошта бошад, барои пешгирӣ кардани хатар тадбирҳои зарурӣ андешад ва  дар сурати нокифоя будани имкониятҳои ташкилоти қарзӣ ба мақоми давлатии ҳолатҳои фавқулодда муроҷиат намояд;

- барои рӯёнидани зарари ба қарздеҳони ташкилоти қарзӣ расонида ва ба ҷавобгарии пешбиникардаи қонун  кашидани шахсоне, ки ҳангоми муфлисшавӣ амалҳои ғайриқонунӣ содир карда, ба мудири махсус дар иҷрои бемамониати вазифаҳояш халал расонидаанд, ҳамаи чораҳои имконпазирро андешад;

- бо мақсади ошкор кардани фурӯш ва ҳолатҳои дигари бегонасозии ғайриқонунии молу мулки ташкилоти қарзӣ шартномаҳои бо тарафҳои сеюм бо вайрон кардани муқаррароти Қонуни мазкур басташударо таҳлил намояд;

- ба суд бо риояи мӯҳлати умумии даъво муроҷиат карда, беэътибор донистани аҳдҳои дар давоми се соли то рӯзи аз тарафи суд муфлис эътироф шудани ташкилоти қарзӣ анҷомдодаи ташкилоти қарзиро, ки хилофи қонун мебошанд, талаб намояд;

- дар бораи рафти баргузорӣ ва анҷомёбии мурофиаи муфлисшавӣ мутобиқи талаботи Қонуни мазкур бо фосилаи на бештар аз як моҳ дар воситаҳои ахбори омма маълумот нашр намояд;

- ба суд муроҷиат карда, ба ҷавобгарии субсидиарӣ кашидани муассисон (саҳмиядорон, иштирокдорон), аъзои Шӯрои нозирон, роҳбарони ташкилоти қарзиро аз рӯи ӯҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ мутобиқи Қонуни мазкур талаб кунад;

- ҳар моҳ ҳисоботи муҳосибавӣ ва омории ташкилоти қарзии муфлисшударо ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод кунад;

- ҳангоми ошкор гардидани аҳдҳое, ки ташкилоти қарзӣ баъд аз бозхонди иҷозатнома барои анҷом додани амалиёти бонкӣ (ба истиснои қарордодҳое, ки ба пардохтпулиҳои ҷории коммуналӣ ва истифодадиҳии ташкилоти қарзӣ, инчунин пардохти ёрдампулӣ ва музди меҳнати шахсони дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ коркунанда вобастаанд) иҷро кардааст, ба суд муроҷиат карда, бекор кардани онҳоро талаб намояд;

- баъди тартиб додани рӯйхати талаботи қарздеҳон дар мӯҳлати на дертар аз шаш моҳ аз рӯзи оғози мурофиаи муфлисшавӣ тавозуни фосилавии барҳамдиҳиро омода менамояд, ки дар он маълумот оид ба таркиби дороиҳои ташкилоти қарзии муфлисшуда, номгӯи талаботи қарздеҳон, натиҷаи баррасии ин талабот нишон дода мешавад.

 

Моддаи 23. Фурӯши дороиҳо

1. Ҳангоми фурӯхтани ҳар гуна дороӣ, ба ғайр аз қарзи ба дигар ташкилоти қарзӣ додашуда, мудири махсус пеш аз ҳама дар бораи фурӯши дороиҳо дар воситаҳои ахбори омма маълумот нашр намуда, қарздеҳон ва харидорони эҳтимолиро дар ин хусус огоҳ месозад.

2. Мудири махсус ҳуқуқ дорад ҳар вақт ба ташкилоти дигари қарзӣ ё шахси сеюм қарздории ташкилоти қарзиро арзонтар фурӯшад, агар ба ақидаи ӯ мустақилона ба даст овардани маблағи зиёдтари ин қарздорӣ ғайриимкон бошад.

3. Агар мудири махсус чунин шуморад, ки пардохти қарздории ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла қарзи дар оянда пардохтшаванда имконпазир аст, он гоҳ вай ӯҳдадор нест, ки ин қарзҳоро фурӯшад ва барои аз қарздор талаб кардани маблағи дахлдор кӯшиш намояд.

4. Мудири махсус дар назди ягон қарздеҳ ҳангоми фурӯши ҳар гуна қарз бо нархи мувофиқи бозорӣ масъулият ба зимма надорад.

5. Нархи бозории қарздории ташкилоти қарзӣ на бо маблағи қарзи дар ҳуҷҷатҳои муҳосибии ташкилоти қарзӣ зикршуда, балки ба маблағе, ки бидуни кӯшишҳои зиёд барои рӯёнидани он ва бо назардошти вазъи молиявии ташкилоти қарзии қарздор муайян карда мешавад.

6. Ҳангоми аз тарафи мудири махсус фурӯхтани қарздории ташкилоти қарзӣ ба тарафи сеюм, нархи бозории ин қарзро танҳо ба воситаи музокирот ва баррасии пешниҳодҳои воридшуда муайян кардан мумкин аст.

7. Нархи ҳар гуна дороии дигар танҳо аз рӯи арзиши бозорӣ муайян карда мешавад.

8. Дар ҳолати аз тарафи мудири махсус фурӯхта шудани молу мулки гарав, ки арзиши он дар шартномаи гарав муайян шудааст, мудири махсус метавонад онро мутобиқи қисми 6 ин модда бо нархи нисбатан пасттар фурӯшад.

9. Нархе, ки мудири махсус дар асоси қисмҳои 6 ва 7 моддаи мазкур муайян кардааст, бояд мавриди баҳс набошад, агар қарздеҳ дар давоми 10 рӯзи корӣ мавҷудияти шахси сеюмро, ки омода аст маблағи нисбатан зиёдтарро барои дороӣ ё молу мулки  гарав пардохт кунад, исбот карда натавонад.

 

Моддаи 24. Анҷомёбии ҳисоббаробаркуниҳо дар низомҳои пардохт ва коғазҳои қиматнок

1. Супоришномаҳои бебозхонди интиқоли маблағҳо ва коғазҳои қиматнок, ки ташкилоти қарзӣ ба низомҳои пардохт ё ҳисоббаробаркуниҳои коғазҳои қиматнок дохил кардааст, барои ҷониби сеюм ҳатто дар ҳолате, ки қарори суд дар бораи муфлисшавии ташкилоти қарзӣ қабул гардидааст, ҳатмӣ мебошанд, агар ин супоришномаҳо барои интиқол пеш аз эътибор пайдо кардани қарор дар бораи муфлисшавӣ бебозхонд эътироф шуда бошанд.

2. Ягон қонун ва санади дигари меъёрии ҳуқуқӣ ё усули бекор кардани қарордоду аҳдҳо, ки то эътибор пайдо кардани қарори суд дар бораи муфлисшавии ташкилоти қарзӣ қабул шудаанд, боиси бекор кардани натиҷаи ҳисоббаробаркунии тарафайн (клиринг) тариқи низомҳои пардохт ё коғазҳои қиматнок намегарданд.

3. Барои мақсадҳои моддаи мазкур супоришномаҳои интиқолие, ки ба низомҳои пардохт ё  коғазҳои қиматнок дохил гардидаанд, лаҳзаи бебозхонд шудани онҳо мувофиқи тартиби ҳамин низом муайян карда мешавад. Ҳисоббаробаркунии тарафайн (клиринг) ин табдил додани талабот ва ё ӯҳдадориҳо, ки аз супоришномаҳои интиқолии як ё якчанд иштирокдорони низоми ҳисоббаробаркуниҳо бармеоянд ва дар натиҷаи он танҳо як талабот ё ӯҳдадории холис боқӣ мемонад.

 

Моддаи 25. Интиқоли саҳмияҳо, дороиҳо ва ӯҳдадориҳо

1. Бо мақсади нигоҳдории устувории низоми молиявӣ ва баланд бардоштани арзиши ташкилоти қарзӣ дар назди қарздеҳон, барҳамдиҳанда дар мувофиқа бо Бонки миллии Тоҷикистон метавонад барои иҷозати амалҳои зерин ба суд муроҷиат намояд:

- пурра ё қисман додани саҳмияҳои ташкилоти қарзӣ;

- пурра ё қисман додани дороиҳо ё ӯҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ ё  ҳар ду.

2. Барои иҷрои амалҳои мазкур розигии қарздеҳон ва ё қарздорони ташкилоти қарзӣ талаб карда намешавад.

3. Суд дар бораи маъқул донистан ё рад кардани муроҷиати барҳамдиҳанда дар давоми панҷ рӯзи корӣ аз рӯзи гирифтани ариза қарор мебарорад.

4. Интиқоли ӯҳдадориҳо мутобиқи сархати дуюми қисми 1 моддаи мазкур барои ҳамаи тарафҳои манфиатдор баъди аз тарафи барҳамдиҳанда дар воситаҳои ахбори омма нашр гардидани хабарномаи дахлдор анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 26. Таъсиси ташкилоти нави қарзӣ

1. Бо мақсади ҳифзи дороиҳо ва қонеъ гардонидани талаботи қарздеҳон ва нигоҳдории идораи ташкилоти қарзӣ, мудири махсус метавонад бе розигии қарздеҳон дороию ӯҳдадориҳои онро ба ташкилоти қарзии ба ин мақсад таъсисшуда, ки иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро мегирад, супорад.

2. Мудири махсус муассиси ташкилоти қарзии навтаъсис мебошад, ки ҳуқуқи гирифтани суди саҳмия ва дигар даромадҳоро, ба истиснои пардохтпулиҳо, мутобиқи Қонуни мазкур надорад.

3. Шахси ҳуқуқии навтаъсис вориси ҳуқуқии ташкилоти қарзии муфлисшуда намебошад ва барои ҳар гуна ӯҳдадории он масъулият   надорад.

4. Мақомоти давлатӣ ҳуқуқ надоранд ба фаъолияти  ташкилоти қарзии навтаъсис мудохила намоянд.

5. Мудири махсус саҳмияҳои ташкилоти қарзии навтаъсисро фурӯхта, талаботи қарздеҳонро ҷуброн мекунад.

6. Ҳама гуна хароҷоти мудири махсус вобаста ба таъсис ва бақайдгирии ташкилоти қарзии навтаъсис хароҷоти маъмурӣ ба ҳисоб меравад.

7. Дар давоми 12 моҳ нисбат ба ташкилоти қарзии навтаъсис талаботи Бонки миллии Тоҷикистон оид ба фароҳам овардани сармояи оинномавӣ татбиқ намегардад.

 

Моддаи 27. Фурӯши дороиҳо ба ташкилоти дигари қарзӣ

1. Бо мақсади таъмини самараноки ӯҳдадориҳо дар назди амонатгузорону пасандозгузороне, ки шахсони вобастаи ташкилоти қарзӣ нестанд,  мудири махсус ҳуқуқ дорад дар бораи интиқоли ин амонатҳо ва пасандозҳо бо дигар ташкилоти қарзӣ созишнома бандад. Амонатгузор ва пасандозгузор ҳуқуқ доранд интиқол додани маблағҳояшонро ба ташкилоти дигари қарзӣ рад кунанд. Мудири махсус ҳамчунин метавонад дороиҳои ташкилоти қарзии муфлисшударо бо мақсади ҷуброн бо нархи мувофиқашуда ба ташкилоти дигари қарзӣ фурӯшад.

2. Агар дороиҳое, ки ба ташкилоти дигари қарзӣ дода мешаванд, барои пӯшонидани арзиши амонатҳо ва пасандозҳои интиқолшаванда кофӣ набошанд, мудири махсус метавонад ба ташкилоти дигари қарзӣ танҳо як қисми амонатҳои ҳар як амонатгузорро супорад.

3. Амонатҳо ва пасандозҳои шахсони вобастаи ташкилоти қарзӣ то пурра қонеъ гардонидани талаботи амонатгузорону пасандозгузорони дигар ба ташкилоти қарзии дигар интиқол дода намешаванд.

4. Агар дороиҳо ба ташкилоти дигари қарзӣ мутобиқи моддаи мазкур дода шуда бошанд, он гоҳ бо навбат қонеъ гардонидани талаботи қарздеҳон мутобиқи моддаи 35 Қонуни мазкур бояд риоя гардад ва ба ҳеҷ гуна интиқоли дороиҳо иҷозат дода намешавад, агар ин қарздеҳро аз ҳар гуна талаботе, ки ҳуқуқи пешниҳод кардан дорад, маҳрум созад, яъне агар ин бо навбат пардохт шудани маблағҳоро тағйир диҳад.

 

Моддаи 28. Ҳисобот дар бораи ҳолати молу мулк

1. Дар давоми се ҳафта аз рӯзи таъин шуданаш мудири махсус дар бораи ҳолати молу мулки ташкилоти қарзӣ ҳисобот омода мекунад, ки маълумоти зеринро дар бар мегирад:

- дороиҳои ташкилоти қарзӣ, созишномаҳои  қарзию кафолатӣ ва хариду фурӯш, инчунин арзишҳои дороиҳои соф ва дороиҳои дигар дар вақти барҳамдиҳӣ;

- қарордодҳо, ки мутобиқи онҳо молу мулки  ташкилоти қарзӣ ба дигар тарафҳо тааллуқ дорад, аз ҷумла шартномаҳои иҷора ва гарави молу мулк;

- қарордодҳо, ки мутобиқи онҳо ба ташкилоти қарзӣ хизмат расонида мешавад;

- аҳдҳои муҳиме, ки ташкилоти қарзӣ дар давоми 60 рӯз то қабули қарор дар бораи муфлисшавӣ бастааст;

- ӯҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ.

2. Ҳисобот ҳар семоҳа тартиб дода мешавад ва барои он қарздеҳоне, ки талаботи онҳо ба номгӯи талаботи тасдиқшуда мутобиқи моддаи 30 Қонуни мазкур дохил мешаванд, дар идораи мудири махсус барои маълумот дастрас мебошад.

 

Моддаи 29. Бақайдгирии талабу даъвоҳо

1. Ба истиснои муқаррароти қисмҳои 1 ва 2 моддаи 30 Қонуни мазкур талабу даъвоҳо ба ташкилоти қарзии муфлисшуда дар давоми се моҳ аз рӯзи дар воситаҳои ахбори омма нашр шудани қарори суд оид ба оғози мурофиаи судӣ дар бораи муфлисшавии ташкилоти қарзӣ аз тарафи мудири махсус ба қайд гирифта мешаванд. Бо дархости мудири махсус суд метавонад ин мӯҳлатро боз то як моҳи дигар тамдид намояд.

2. Талабу даъвоҳо бо тасдиқи ҳуҷҷатии онҳо ва маълумоти зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ном ва нишонии қарздиҳанда;

- маблағи асосии талабу даъвоҳо, фоизҳо ва дигар хароҷот, ҷаримапулӣ ва андозҳои марбут ба онҳо;

- маълумоти муфассал дар бораи ҳар гуна гарави молу мулки  ғайриманқул, ҳуқуқи нигоҳ доштани молу мулки  ба ивази қарз ё кафолатҳое, ки талаботро таъмин мекунанд, аз ҷумла ном ва нишонии ҳар гуна кафил.

3. Ҳангоми пешниҳоди талабу даъвоҳо мудири махсус ба қарздеҳон расиди қайдро (квитанция) медиҳад, ки гирифтани он шаҳодати ниҳоии бақайдгирии талабот ба ҳисоб меравад.

 

Моддаи 30. Эътирофи талабот

1. Аз тарафи мудири махсус талаботе, ки ба қайд гирифта шудааст ва талаботи дигаре, ки дар китобҳои муҳосибӣ  ё ҳуҷҷатҳои ташкилоти қарзӣ сабт шудааст, аз ҷумла пасандозҳо бе талаби бақайдгирии онҳо қабул карда мешаванд.

2. Талаботи бақайдгирифтаи дар китобҳои муҳосибӣ ё ҳуҷҷатҳои ташкилоти қарзӣ сабтшуда аз тарафи мудири махсус дар ҳамон шакли сабтшудаашон бидуни тасдиқи минбаъда қабул карда мешаванд.

3. Агар талабот нисбат ба маблағи дар китобҳои ҳисоботӣ ё ҳуҷҷатҳои ташкилоти қарзӣ сабтшуда ба маблағи калон ба қайд гирифта шуда бошад, он гоҳ ин талабот ба андозаи маблағи сабтшуда қабул карда мешавад.

4. Талаботи арзишаш номуайян аз рӯи арзиши мудири махсус муайянкарда қабул карда мешавад.

5. Баъди баҳодиҳии талаботи пешниҳодшуда мудири махсус талаботи қабулкардаашро дар феҳристи талаботи қабулшуда, талаботи баҳсталабро дар феҳристи талаботи баҳсталаб бо зикри сабабҳои баҳс қайд мекунад. Талаботи қисман баҳсталаб дар ҳар ду феҳрист ба қайд гирифта шуда,  дар муқобили ҳар даъвогар ном ва нишонӣ, маблағи талабот, таъмини талабот бо гарав нишон дода мешавад. Талаботи якхела бошад бо тартиби навбатӣ будани пардохтҳо ба феҳрист ҳамроҳ карда мешавад.

6. Ҳар ду феҳрист дар давоми 30 рӯз аз рӯзи охирини қабули талабот пур карда шуда, барои тасдиқ ба суд пешниҳод карда мешаванд. Минбаъд  мудири махсус ҳар се моҳ феҳристи азнавшударо барои тасдиқ ба суд пешниҳод мекунад.

7. Суд феҳристи талаботи қабулшударо баррасӣ ва тасдиқ менамояд. Мудири махсус талаботеро, ки суд тасдиқ намудааст, аз феҳристи талаботи қабулшуда хориҷ карда, ба феҳристи талаботи тасдиқшуда ворид менамояд ва дар шакли хаттӣ дар ин  бора ба қарздеҳони дахлдор хабар медиҳад.

8. Суд рӯзи баргузории ҳар як мурофиаро ба қарздеҳони талаботашон баҳсталаб хабар дода, дар муддати на дертар аз 30 рӯзи ворид гардидани талаботи баҳсталаб дар бораи тасдиқ ё рад кардани он қарор қабул мекунад.

9. Баррасии талаботи қарздеҳе, ки дар мурофиаи судӣ ҳозир нашудааст, агар қарздеҳ ба тарзи дахлдор хабардор карда шуда бошад, имкон дорад то мурофиаи дуюм, ки на дертар аз 10 рӯз баъди мурофиаи якум баргузор мегардад, мавқуф гузошта шавад.

10. Агар қарздеҳ ба мурофиаи дуюм низ наояд, он гоҳ суд метавонад талаботро дар набудани вай баррасӣ намояд. Талаботе, ки суд тасдиқ кардааст, аз феҳристи талаботи баҳсталаб хориҷ гардида, ба феҳристи талаботи тасдиқшуда ворид карда мешавад. Қарздеҳонеро, ки талаботи онҳо рад шудааст, мудири махсус дар шакли хаттӣ огоҳ месозад.

11. Мудири махсус талаботи аз тарафи суд радшударо пардохт намекунад. Қарздеҳе, ки талаботи ӯро суд рад кардааст, метавонад оид ба қарори суд ба мақомоти дахлдори шикоятӣ дар давоми 2 ҳафта аз рӯзи гирифтани хабарнома дар бораи қарор, шикоят намояд.

 

Моддаи 31. Баҳисобгирии талаботи тарафайн

1. Баҳисобгирии талаботи тарафайн аз рӯи ӯҳдадориҳои байни ташкилоти қарзии муфлисшуда ва шарикони он мумкин мебошад.

2. Дар муайян кардани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои байни ташкилоти қарзии муфлисшуда ва шарикони он муқаррарот дар бораи қатъ намудани қарордодҳои ҷоизи молиявии байни онҳо татбиқ мегарданд. Арзиши холиси барҳамдиҳӣ, ки мутобиқи қарордоди ҷоизи молиявии байни онҳо муайян шудааст, талаботи ташкилоти қарзӣ ба шарики вай мебошад ё баъди бақайдгирии он ҳамчун талаботи шарик ба ташкилоти қарзӣ қабул карда мешавад. Қарордоди ҷоизи молиявӣ яке аз инҳоро мефаҳмонад:

- созишнома дар бораи свопи асъорӣ, амалиёт ё меъёрҳои фоизии своп;

- созишномаи асосӣ дар бораи своп;

- қарордодҳо бо пули нақд (спот), созишномаи фючерс, форвард ва ғайра;

- шартномае, ки сатҳи ҳадди ниҳоии муқарраршуда ва аҳди меъёрӣ (опсион)-ро пешбинӣ менамояд;

- шартнома дар бораи свопи мол;

- созишномаи форвард аз рӯи меъёрҳои фоизӣ;

- шартномаи репо ё баръакси репо;

- спот, фючерс, форвард ё дигар созишномаи мол;

- созишномаи харид, фурӯш, ба қарз гирифтан ё додани коғазҳои қиматнок барои расмӣ кардан ё ҳисоббаробарии аҳдҳо бо коғазҳои қиматнок ё амалҳои марбут ба  нигоҳдории коғазҳои қиматнок;

- ҳар гуна ҳосила, комбинатсия, опсион ё созишномаи  ҳаммонанди созишномаи дар зербандҳои боло зикршуда;

- ҳар гуна созишномаи асосӣ дар робита ба созишномае, ки дар сархати даҳуми қисми мазкур зикр шудааст;

- кафолати ӯҳдадориҳо дар доираи созишномаҳое, ки дар сархати ёздаҳуми қисми мазкур зикр шудаанд;

- ҳар гуна созишномае, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.

3. Арзиши холиси барҳамдиҳӣ ин маблағи холисест, ки баъди баҳисобгирии ӯҳдадориҳои тарафайн дар қарордоди ҷоизи молиявӣ мутобиқи шартҳои он гирифта шудааст.

4. Агар дар моддаи 24 Қонуни мазкур тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, баҳисобгирии талаботи тарафайн вобаста ба талаботи бадастовардашуда ва қарзҳои қабулшуда  нисбат ба ташкилоти қарзӣ баъди эътибор пайдо кардани қарори суд дар бораи оғози мурофиаи судӣ аз рӯи парвандаи муфлисшавии ташкилоти қарзӣ ё нисбат ба талаботи бадастовардашуда ва қарзҳои қабулшуда бо қасдан вайрон кардани ӯҳдадориҳо то эътибор пайдо кардани ин қарор иҷозат дода намешавад.

 

Моддаи 32. Қатъ намудани қарордодҳои амалкунанда

1. Ҳамаи қарордодҳои амалкунанда ё як қисми қарордодҳои ташкилоти қарзии муфлисшуда оид ба таҳвили молу хизматрасонӣ, аз ҷумла қарордодҳо оид ба фурӯш, иҷора ва лизинг, қарордодҳои харид бо пардохти давра ба давраи он ва қарордодҳои кироя метавонанд ба таври якҷониба аз тарафи мудири махсус дар мӯҳлати мувофиқ, ки аз 60 рӯз зиёд нест, баъди қабули қарор оид ба оғоз намудани мурофиаи судӣ дар бораи муфлисшавӣ, қатъ карда шаванд.

2. Ҳар тараф ё манфиатдори ин гуна қарордод метавонад барои вайрон кардани шартҳои қарордод талабномаи ҷуброни онро пешниҳод кунад, ки он бо пардохт кардани зиёни расида то рӯзи қатъ карда шудани чунин қарордод аз тарафи мудири махсус бо фоизаш то рӯзи пардохт маҳдуд мегардад, вале он ягон ҷазои ҷаримавӣ, ҷубронпулӣ барои зарари маънавӣ ё ҷубронпулӣ барои фоида ё имкониятҳои аздастдодаро дар бар намегирад.

 

Моддаи 33. Танзим бо роҳи музокирот

1. Мудири махсус метавонад талаботашро тариқи музокирот бо ҳар як қарздеҳ ва қарзгири ташкилоти қарзӣ танзим намояд. Мувофиқаи бадастомада бояд аз ҷониби суд дар доираи мурофиаи муфлисшавӣ тасдиқ гардида, мавриди  шикоят қарор намегирад.

2. Нисбат ба ташкилоти қарзии муфлисшуда мусолиҳа ё дигар мувофиқа бо гурӯҳи қарздеҳон қобили қабул нест.

 

Моддаи 34. Талаботи бо гарав таъминшуда

1. Ҳамаи дороиҳое, ки таъмини талаботи тасдиқшудаи қарздеҳони  ташкилоти қарзӣ ё таъмини талаботи худи он мебошанд, бояд аз тарафи мудири махсус дар музояда фурӯхта шаванд, ба истиснои:

- коғазҳои қиматнок, асъори хориҷӣ ва дигар дороиҳо, ки зудфурӯш мебошанд, метавонанд дар бозорҳои дахлдор фурӯхта шаванд;

- коғазҳои қиматнок бо асъори хориҷӣ ва дигар дороиҳое, ки таъмини қарзҳои ташкилоти қарзӣ буда, дар бозор зуд фурӯхта мешаванд ва имкон дорад аз тарафи қарздеҳоне, ки ин дороиҳоро дар ихтиёр доранд, фурӯхта шаванд;

- агар мудири махсус муайян кунад, ки фурӯши дороиҳо дар музояда бо нархи мувофиқ ғайриимкон аст, он гоҳ суд метавонад ба худи ӯ фурӯхтани дороиҳоро бо нархи тасдиқкардаи суд иҷозат диҳад.

2. Дороиҳои ташкилоти қарзии муфлисшуда, ки дар сархати дуюми қисми 1 моддаи мазкур зикр нашудаанд, баъди талаби мудири махсус бояд фавран ба ихтиёри вай вогузор карда шаванд.

3. Талаботи бо гарав таъминшудаи қарздеҳон бе навбат қонеъ гардонида мешавад. Агар маблағи аз фурӯши молу мулки гарав бадастомада барои пурра пӯшонидани маблағи талабот нокифоя бошад, қисми боқимондаи он ҳамчун талаботи таъминнашуда дониста мешавад.

 

 Моддаи 35. Тартиби қонеъ гардонидани талаботи қарздеҳон

1. Дороиҳои ташкилоти қарзӣ, ки мавриди барҳамдиҳии маҷбурӣ қарор дорад, бо тартиби зерин тақсим карда мешаванд (ҚҶТ аз 3.08.2018 с., № 1550):

- маблағҳое, ки барои раванди барҳамдиҳии маҷбурӣ ва таъини барҳамдиҳанда ё мудири махсус харҷ шудаанд;

- музди меҳнат ба кормандони ташкилоти қарзӣ, ба истиснои пардохтпулӣ ба аъзои Шӯрои нозирон, ки дар рӯзи қабули қарор дар бораи оғози мурофиаи судӣ аз рӯи парвандаи барҳамдиҳии маҷбурӣ ҳисоб карда шудааст;

- қарзҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилоти қарзӣ пешниҳод кардаанд;

- ҳар гуна талаботи пардохтнашудаи амонатгузорону пасандоздорон, ба истиснои шахсони вобастаи (алоқаманди) ташкилоти қарзии тибқи қонун муайяншуда, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ" суғурта шудаанд ва талаботи Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ мутобиқи суброгатсия аз рӯи маблағи ҷуброни суғуртавии пардохтшуда ё маблағи аз ҷониби Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ тибқи моддаи 31(1) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ" пардохтшуда;

- ҳар гуна талаботи пардохтнашудаи амонатгузорону пасандоздорон, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ" объекти ҳатмии суғурта намебошад, ба истиснои шахсони вобастаи (алоқаманди) ташкилоти қарзии тибқи қонун муайяншуда;

- ҳар гуна талаботи дигари таъминнашудаи қарздиҳандагон, ба истиснои шахсони вобастаи (алоқаманди) ташкилоти қарзии тибқи қонун муайяншуда;

- андозҳое, ки муҳлати пардохти онҳо дар давраи на бештар аз як соли пеш аз рӯзи қабули қарор дар бораи барҳамдиҳии маҷбурӣ фаро расидааст;

- ҳар гуна талаботи шахсони вобастаи (алоқаманди) ташкилоти қарзӣ, ки тибқи қонун муайян шудааст;

- ҳар гуна талабот нисбат ба қарзи субординарӣ (ҚҶТ аз 3.08.2018 с., № 1550).

2. Дороиҳои боқимонда ба моликони ташкилоти қарзӣ баробар ба ҳиссаи онҳо дода мешаванд.

3. Талаботи қарздеҳон дар ҳолатҳои зерин пардохтшуда ҳисоб мешавад:

- агар талабот бо сабаби нокифоя будани дороиҳои ташкилоти қарзӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбиникардаи Қонуни мазкур, қонеъ нашуда бошад;

- агар мудири махсус талаботи қарздеҳонро қабул накарда бошад ва онҳо бо ариза ба суд муроҷиат накарда бошанд;

- агар талаботи қарздеҳонро суд рад карда бошад ё талабот баъд аз анҷомёбии раванди барҳамдиҳӣ пешниҳод шуда бошад.

4. Талаботе, ки мутобиқи қисми 3 моддаи мазкур пардохтшуда ҳисоб мешавад, бо даъвои қарздеҳон имкони аз ҷониби суд аз нав барқарор шуданро дорад, агар баъд аз анҷомёбии барҳамдиҳӣ дороиҳои иловагӣ дарёфт шаванд. Даъвоҳо бо итмоми 12 моҳ баъд аз анҷомёбии барҳамдиҳӣ қабул карда намешаванд.

 

Моддаи 36. Нақшаи барҳамдиҳӣ

1. Дар давоми 60 рӯзи корӣ аз рӯзи қабули қарори суд дар бораи муфлисшавии ташкилоти қарзӣ, мудири махсус нақшаи муфассали барҳамдиҳии ташкилоти қарзиро омода намуда, барои тасдиқ ба суд пешниҳод мекунад, ки инҳоро дар бар мегирад:

- тавозуни ибтидоии дороиҳо ва ӯҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ аз рӯи нархи дар оғози барҳамдиҳӣ муайяншуда ва чунин тавозуни фосилавӣ ҳар семоҳа, бо зикри ҳама гуна талаботи қарздеҳон;

- ҳисоботи даромаду хароҷот барои семоҳаи гузашта ва лоиҳаи даромаду хароҷот барои семоҳаи оянда;

- ҳисобот дар бораи фурӯш ва нақшаи фурӯши дороиҳои асосӣ ё гурӯҳи дороиҳои ташкилоти қарзӣ;

- ҳисобот дар бораи талаботи судӣ ё ғайрисудии ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла даъвои судӣ дар бораи бекор кардани созишномаҳо, интиқолҳои қаллобона ва ҳуқуқҳои муқарраркардаи онҳо;

- ҳисобот дар бораи амалҳои ғайриқонунии роҳбарони ташкилоти қарзӣ ва тадбирҳо ҷиҳати ҷуброн аз рӯи чунин амалҳо;

- ҳисобот дар бораи идома додан ё қатъ кардани қарордодҳои ҷории ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла дар бораи суғурта, кироя, хизматрасонӣ ва таҳлили муфассали шароити молиявии кормандони ташкилоти қарзӣ;

- ҳисобот оид ба ӯҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ ва ҷадвали пардохтҳо ба қарздеҳон дар давоми семоҳаи оянда;

- ҳисобот дар бораи хароҷоти барҳамдиҳӣ дар рӯзи таҳияи нақшаи барҳамдиҳӣ ва муайян кардани хароҷоти оянда.

2. Нақшаи барҳамдиҳӣ ҳар се моҳ таҷдиди назар карда мешавад. Баъди тасдиқ шудани нақшаи барҳамдиҳӣ, талаботи қарздеҳон ба феҳристи талаботи қабулшуда дохил карда шуда, мутобиқи моддаи 30 Қонуни мазкур баррасӣ мегардад.

 

Моддаи 37. Маҷлиси умумӣ ва кумитаи қарздеҳон

1. Бо розигии мудири махсус маҷлисҳои умумии қарздеҳон доир ба масъалаи барҳамдиҳии ташкилоти қарзии муфлисшуда гузаронида шуда, бо мақсади  намояндагӣ ва ҳифзи манфиатҳои асосии қарздеҳон кумитаи қарздеҳон дар ҳайати аз 5 то 9 нафар таъсис дода мешавад.

2. Мудири махсус бо қарорҳои худ доираи фаъолияти маҷлиси умумии қарздеҳон ва кумитаи қарздеҳонро муайян карда, ҷиҳати иҷрои вазифаҳо ба онҳо ваколат медиҳад.

 

Моддаи 38. Тақсими пардохтпулиҳо

1. Талаботи тасдиқшудаи қарздеҳон вобаста аз навбати онҳо гурӯҳбандӣ ва якҷоя карда шуда, ба ҷадвали тақсимот дохил карда мешавад. Маблағҳое, ки аз рӯи талаби ҳамон як гурӯҳ ҳисоб шудаанд, мутаносибан ба маблағҳои воқеӣ тақсим карда мешаванд.

2. Мудири махсус ҷадвали тақсими пардохтпулиҳои ҳисобшударо ба суд барои тасдиқ пешниҳод намуда, баъди  тасдиқи он аз ҷониби суд, пардохтпулиҳоро фавран амалӣ менамояд.

3. Маблағҳое, ки ба ҷадвали тақсимот дохил шудаанд ва бинобар маълум набудани қарздеҳон ва набудани робита бо онҳо  пардохт нагардидаанд, дар сурати баъд аз нашри хабарномаи мудири махсус дар воситаҳои ахбори омма аз худ дарак надодани қарздеҳон, ба суратҳисоби махсус дар Бонки миллии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.

4. Маблағҳои суратҳисоби махсус барои пардохт ба қарздеҳон ё ворисони онҳо то замони амали мӯҳлати даъво нигоҳ дошта мешаванд. Баъд аз гузаштани мӯҳлати мазкур маблағҳои пардохтнашуда ба Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.

 

Моддаи 39. Муфлисшавии фаромарзӣ

Барои таъмини дастрасии баробари талаботи  қарздеҳони маҳаллӣ ва хориҷӣ ба ташкилоти қарзии муфлисшуда, ки фаъолияти фаромарзӣ дорад:

- Бонки миллии Тоҷикистон бо мақомоти ваколатдори кишвари хориҷие, ки дар он ташкилоти қарзии муфлисшуда филиал дорад, ҳамаҷониба ҳамкорӣ менамояд;

- қисми боқимондаи талаботи қарздеҳи хориҷии ташкилоти қарзии маҳаллӣ имкон дорад якҷоя бо талаботе, ки аз ҷониби мудири махсус қабул гардидааст, қонеъ карда шавад;

- масоили аз ҷониби ташкилоти қарзии маҳаллӣ эътироф гардидани муфлисшавии ташкилоти қарзии хориҷӣ ва андешидани чораҳои муваққатии идоракунию солимгардонии он, аз ҷониби суд ҳал карда мешаванд;

- суд метавонад ба мудири махсус дар асоси дархости ӯ барои ба дохили кишвар интиқол додани дороиҳои ташкилоти қарзии хориҷии муфлисшудае, ки саридораи он дар ин кишвар воқеъ аст ё фаъолияти асосии он дар он ҷой амалӣ мегардад, ба манфиати қарздеҳони чунин ташкилоти қарзӣ иҷозат диҳад.

 

Моддаи 40. Хароҷоти маъмурӣ

1. Хароҷоти маъмурӣ хароҷоти нашри хабарнома дар бораи раванди муфлисшавии ташкилоти қарзӣ, хароҷоти судӣ, подошпулии мудири махсус, арзиши молу хизматрасонӣ (таъмини нерӯи барқ, об, телефон ва ғайраҳо), инчунин дигар хароҷоти асосноки мудири махсусро дар бар мегирад.

2. Хароҷоти мудири махсус метавонад маблағи пардохти музди меҳнати кормандони кироя ё маблағҳои иловагии вобаста ба иҷрои ӯҳдадориҳои онҳо пардохтшударо дар бар гирад.

 

Моддаи 41. Ҳисоботи мудири махсус

1. Баъди ба анҷом расонидани ҳисоббаробарнамоиҳо бо қарздеҳон ва иҷрои дигар ӯҳдадориҳо, ки Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст, мудири махсус ба суд ва Бонки миллии Тоҷикистон аз натиҷаи фаъолияти худ ҳисобот пешниҳод мекунад.

2. Ба ҳисобот инҳо замима мегарданд:

- тавозуни барҳамдиҳӣ;

- феҳристи талаботи қарздеҳон ва натиҷаи баррасии онҳо бо зикри маблағи талаботи қонеъкардашуда;

- пешниҳод дар бораи истифодаи дороиҳои боқимондаи ташкилоти қарзии муфлисшуда;

- маълумоти асоснокшуда дар бораи дороиҳои ситониданашон ғайриимкон ва дороиҳои арзишашон ғайривоқеии аз ҳисоб хориҷкардашуда;

- маълумот дар бораи подошпулиҳои мудири махсус;

- маълумот дар бораи асоснокӣ ва ба мақсад мувофиқ будани хароҷоти маъмурӣ;

- маълумот дар бораи амалҳои ғайриқонунии роҳбарон ва иштирокдорони ташкилоти қарзӣ, агар чунин маълумот мавҷуд бошад;

- дигар маълумоти зарурӣ.

 

Моддаи 42. Қатъ кардани мурофиаи судӣ аз рӯи парвандаи  муфлисшавӣ

1. Ваколатҳои мудири махсус баъди аз ҷониби ӯ ба суд ва Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод кардани ҳисобот дар бораи барҳамдиҳӣ бо қарори суд қатъ карда мешаванд. Қарори суд ба мақоми ваколатдори бақайдгирии давлатӣ фиристода мешавад.

2. Мурофиаи судӣ оид ба парвандаи муфлисшавии ташкилоти қарзӣ бо қарори суд вақте қатъ мегардад, ки агар ҳамаи дороиҳои ташкилоти қарзии барҳамдодашуда фурӯхта шуда, маблағҳои бадастомада ба қарздеҳони ташкилоти қарзӣ пардохт шаванд ё ба Бонки миллии Тоҷикистон барои пардохт ба қарздеҳони ташкилоти қарзӣ мутобиқи қисми 3 моддаи 38 Қонуни мазкур интиқол гарданд.

3. Қарори судро дар бораи қатъи мурофиаи судӣ аз рӯи парвандаи муфлисшавии ташкилоти қарзӣ мудири махсус дар воситаҳои ахбори омма интишор мекунад.

 

БОБИ 5. БАРРАСИИ ПАРВАНДАҲО ОИД БА АРҲАМДИҲИИ МАҶБУРИИ ТАШКИЛОТҲОИ

ҚАРЗӢ ДАР СУД

 

Моддаи 43. Баррасии парвандаҳо дар суд

1. Суд парвандаҳоро оид ба барҳамдиҳии маҷбурии ташкилотҳои қарзӣ (минбаъд - парвандаҳо) аз рӯи қоидаҳои пешбиникардаи боби мазкур баррасӣ менамояд, агар Қонуни мазкур тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.

2. Амалҳои мурофиавие, ки тартиби иҷрои онҳо дар боби мазкур муайян нашудааст, тибқи Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ анҷом дода мешаванд.

3. Мурофиа аз рӯи ин парвандаҳо наметавонад боздошта шавад ва ё  парвандаҳо наметавонанд ба баррасии суди ҳакамӣ супурда шаванд.

 

Моддаи 44. Парвандаҳои қобили муҳокимаи судӣ

1. Парвандаҳоро суди иқтисодии маҳалли ҷойгиршавии ташкилоти қарзӣ баррасӣ менамояд.

2. Аризаҳо нисбат ба ташкилоти қарзии маҳалли ҷойгиршавиаш номаълум метавонанд ба суди маҳалли ҷойгиршавии молу мулки он ё маҳалли охирини ҷойгиршавии вай дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шаванд.

 

Моддаи 45. Ҳуқуқи муроҷиат ба суд

Ҳуқуқи муроҷиат ба суд бо ариза дар бораи оғоз кардани мурофиаи барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзиро танҳо Бонки миллии Тоҷикистон дорад.

 

Моддаи 46. Шахсони иштирокдори парванда

1. Шахсоне, ки дар парванда иштирок мекунанд, инҳоянд:

- Бонки миллии Тоҷикистон;

- барҳамдиҳанда ва мудири махсуси ташкилоти қарзӣ.

2. Иштирокдорони парванда дорои ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои пешбиникардаи Қонуни мазкур ва Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ мебошанд.

3. Қоидаҳо дар бораи шахсони сеюм ё иваз намудани тарафи номатлуб, ки Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ пешбинӣ кардааст, татбиқ намегарданд.

 

Моддаи 47. Қабули ариза

1. Суд ӯҳдадор аст аризаро дар бораи муфлис эълон кардани ташкилоти қарзӣ, ки бо риояи талаботи Қонуни мазкур пешниҳод шудааст, қабул намояд.

2. Судя дар бораи қабул кардани ариза на дертар аз рӯзе, ки баъд аз лаҳзаи пешниҳоди ариза меояд, таъинот мебарорад ва он фавран ба тарафҳои парванда фиристода мешавад. Ҷаласаи суд бояд на дертар аз панҷ рӯз аз лаҳзаи баровардани таъинот дар бораи қабули ариза ба суд оғоз карда шавад.

3. Дар таъиноти қабули ариза судя ҳамчунин корҳои омода намудани парванда ба баррасии судӣ, таъини муҳокимаи парванда дар ҷаласаи суд, замон ва макони баргузории онро нишон медиҳад.

4. Аз лаҳзаи қабул гардидани ариза, иҷрои ҳама гуна амалҳои судӣ ва дигар амалҳои ба пардохти қарзҳо ва ҳабси дороиҳои ташкилоти қарзӣ дахлдошта дар давоми мӯҳлати баррасии парванда боздошта мешавад. 

5. Маҳдудиятҳои ташкилоти қарзӣ барои ихтиёрдории молу мулки ба вай тааллуқдошта танҳо дар доираи мурофиаи судӣ амалӣ карда мешаванд.

6. Аз болои таъиноти судя дар бораи қабули ариза шикоят кардан мумкин нест.

7. Ҳангоми аз ҷониби суд қабул кардани ариза талаботи мутақобил ва ё мустақили ҳар гуна шахс дар бораи бознигарии қарорҳои Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи Қонуни мазкур баррасӣ карда намешавад.

 

Моддаи 48. Мӯҳлати баррасии парванда

Мурофиаи судӣ бо иштироки намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон ва мудири махсус дар давоми панҷ рӯзи корӣ ошкоро гузаронида мешавад. Дар ҳолатҳои истисноӣ, суд метавонад дар бораи гузаронидани мурофиаи пӯшида қарор қабул намояд.

 

Моддаи 49. Қарори суд

1. Суд аз рӯи парванда дар ҳолатҳои зерин қарор мебарорад:

- оғоз намудани расмиёти барҳамдиҳии маҷбурӣ бо асосҳои муфлисшавӣ ва бе асосҳои муфлисшавӣ;

- рад кардани оғози барҳамдиҳии маҷбурӣ бе асосҳои муфлисшавӣ ва оғоз намудани мурофиа бо асосҳои муфлисшавӣ.

2. Қарори суд аз лаҳзаи қабули он эътибор пайдо мекунад.

 

Моддаи 50. Қарори суд дар бораи муфлис эълон кардани  ташкилоти қарзӣ

1. Ҳангоми қонеъ гардонидани аризаи Бонки  миллии Тоҷикистон дар бораи  муфлис эълон  кардани ташкилоти қарзӣ,  суд бо қарори худ:

- ташкилоти қарзиро муфлис эълон карда, нисбат ба он мурофиаи муфлисшавиро оғоз менамояд;

- фаъолияти мудирро қатъ карда, мутобиқи моддаи 17 Қонуни мазкур дар он мудири махсусро таъин менамояд.

2. Дар бораи қарори суд оид ба муфлис эълон кардани ташкилоти қарзӣ аз ҷониби мудири махсус дар нашрияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати як ҳафта иттилоъ ба табъ расонида мешавад.

3. Қарори суд дар бораи муфлис эълон кардани ташкилоти қарзӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ" ҳолати суғуртавӣ ҳисобида мешавад. (ҚҶТ аз 03.07.2012 с., № 851)

4. Фавран баъди қабули қарори суд дар бораи рад кардани ариза ё оғози мурофиаи судӣ нисбат ба ташкилоти қарзӣ, суд ба Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилоти қарзӣ хабар медиҳад. Мудир, барҳамдиҳанда ва мудири махсус қарори судро дар воситаҳои ахбори омма ба нашр мерасонанд.

 

Моддаи 51. Асос барои радкунии муфлис эълон кардани ашкилоти қарзӣ

Аризаи Бонки  миллии  Тоҷикистон  дар  бораи  муфлис  эълон  кардани ташкилоти қарзӣ аз тарафи суд  рад карда мешавад, агар ҳуҷҷатҳо ё дигар далели пешниҳодшуда ба талаботи Қонуни мазкур ҷавобгӯ набошанд.

 

Моддаи 52. Таъиноти суд дар бораи анҷоми мурофиаи муфлисшавии  ташкилоти қарзӣ

1. Таъиноти суд дар бораи анҷоми мурофиаи муфлисшавии ташкилоти қарзӣ дар ҳолатҳои зерин қабул карда мешавад:

- дар ҳолати ба анҷом расидани мурофиаи  муфлисшавӣ, ки суд бо тартиби муайяннамудаи Қонуни мазкур оғоз кардааст;

- дар ҳолати муайян кардани далели муфлисшавии сохта.

2. Таъиноти суд дар бораи анҷоми мурофиаи муфлисшавии ташкилоти қарзӣ барои аз феҳристи бақайдгирии давлатӣ хориҷ кардани ташкилоти қарзӣ асос мебошад, агар мурофиаи муфлисшавӣ бо барҳамдиҳии он ба анҷом расад.

 

Моддаи 53. Мавқуф гузоштани баррасии парванда

1. Агар парванда дар ҷаласаи судӣ бо сабабҳои узрнок, аз ҷумла ҳозир нашудани яке аз иштирокдорони парванда ё зарурати пешниҳоди далелҳои иловагӣ баррасӣ нагардад, он гоҳ суд ҳуқуқ дорад баррасии парвандаро ба мӯҳлати панҷ рӯз мавқуф гузорад.

2. Таъиноти суд ба иштирокдорони парванда тариқи огоҳиномаи дастсупурд ирсол мегардад ё бо забонхат ба намояндагони онҳо супурда мешавад.

3. Аз рӯи таъинот дар бораи мавқуф гузоштани баррасии парванда шикоят кардан мумкин нест.

Моддаи 54. Асосҳои қатъ намудани мурофиа аз рӯи парванда

1. Суд парвандаро дар ҳолати ошкор шудани далели муфлисшавии сохта  ё бадқасдона қатъ менамояд.

2. Дар бораи қатъ кардани мурофиа аз рӯи парванда суд таъинот мебарорад, ки онро мавриди шикоят қарор додан мумкин аст.

3. Қатъ намудани мурофиа аз рӯи парванда барои дубора ба суд муроҷиат кардани тарафҳо бо ҳамон асосҳо монеъ намегардад.

 

Моддаи 55. Тақсими хароҷоти судӣ ва хароҷот барои  подошпулии   барҳамдиҳанда ва мудири махсус

1. Ҳамаи хароҷоти судӣ, аз ҷумла боҷи давлатӣ, инчунин хароҷот барои подошпулии барҳамдиҳанда ва мудири махсус аз ҳисоби ташкилоти қарзӣ мутобиқи Қонуни мазкур ҷуброн карда мешавад.

2. Агар суд бо сабаби набудани аломатҳои муфлисшавии ташкилоти қарзӣ дар бораи рад кардани муфлисшавии ташкилоти қарзӣ дар лаҳзаи оғоз намудани парванда дар бораи муфлисшавӣ қарор барорад, он гоҳ хароҷоти пешбиникардаи қисми 1 моддаи мазкур аз ҳисоби аризадиҳанда пардохт карда мешавад.

3. Тартиби тақсими хароҷоти судӣ ва хароҷот барои пардохти подошпулии барҳамдиҳанда ва мудири махсус дар қарор ё таъиноти суд, ки аз рӯи натиҷаҳои баррасии парванда дар бораи муфлисшавӣ қабул шудааст, муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 56. Баррасии аризаю шикоятҳо

1. Аризаю шикоятҳои барҳамдиҳанда ва мудири махсус, аз ҷумла аризаю шикоят дар бораи ихтилофоти байни онҳо ва қарздеҳон, инчунин аризаю шикоятҳои ташкилоти қарзӣ, қарздеҳон, Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар шахсон дар бораи вайрон карда шудани ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, аз ҷумла ариза оид ба беэътибор донистани қарорҳои барҳамдиҳанда, мудири махсус, ташкилоти қарзӣ, саҳмиядор (иштирокдори ташкилоти қарзӣ), Бонки миллии Тоҷикистон, ки мутобиқи  Қонуни мазкур  пешниҳод шудаанд, дар рафти амалӣ намудани  раванди барҳамдиҳии маҷбурӣ (мурофиаи муфлисшавӣ) аз тарафи суд на дертар аз даҳ рӯз аз рӯзи гирифтани аризаю шикоятҳои зикршуда баррасӣ карда мешаванд.

2. Аз рӯи натиҷаи баррасии аризаю шикоятҳои зикршуда суд таъинот мебарорад, ки онро дар давоми 10 рӯз мавриди шикоят қарор додан мумкин аст.

БОБИ 6. АҲДҲО, АМАЛҲОИ ҒАЙРИҚОНУНӢ ВА МАСЪУЛИЯТ

Моддаи 57. Беэътибор донистани аҳдҳо

1. Аҳдҳое, ки хилофи муқаррароти Қонуни мазкур мебошанд, инчунин аз тарафи ташкилоти қарзӣ қабл аз оғози раванди муфлисшавӣ ё барҳамдиҳӣ иҷро шудаанд, метавонанд аз тарафи суд бо дархости мудири махсус беэътибор дониста шаванд.

2. Агар аҳд хилофи боби мазкур ё қонунгузорӣ бошад,  беэътибор дониста мешавад.

3. Аҳди ташкилоти қарзӣ бо шахси вобастаи он дар ҳолатҳое, ки иҷро кардани ин аҳд сабаби мушкилоти молиявии ташкилоти қарзӣ мебошад, имкон дорад бо дархости мудири махсус аз тарафи суд беэътибор дониста шавад.

4. Ҳар гуна аҳди ташкилоти қарзӣ бо ин ё он қарздеҳ ё ҳар гуна шахси дигар имкон дорад дар асоси аризаи мудири махсус аз тарафи суд беэътибор дониста шавад, агар ин гуна қарордод дар давраи мушкилоти молиявӣ доштани ташкилоти қарзӣ баста шуда, боиси дар муқоиса бо қарздеҳони дигар асоси қонеъ гардондани талаботи пулии яке аз қарздеҳон гардад.

 

Моддаи 58. Манъ кардани амалҳои ғайриқонунӣ дар мурофиаи муфлисшавӣ

1. Қабл аз оғоз ё баъди оғози барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ ба ҳар  саҳмиядор, иштирокдор, роҳбар, мудири махсус, корманди ташкилоти қарзӣ ё ҳар гуна шахси дигар, аз ҷумла мақомоти давлатӣ, кормандони мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки аз мушкилоти молиявии ташкилоти қарзӣ бохабаранд, анҷом додани амалҳои зерин манъ мебошад:

- ба таври ғайриқонунӣ пинҳон, ҳабс, забт, тасарруф, гирифтан, интиқол додани молу мулк ё пинҳон кардани қарзҳои ташкилоти қарзӣ;

- пинҳон кардан, нобуд сохтан, сохтакории қайдҳо ё ворид кардани қайдҳои қалбакӣ ба ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки ба ташкилоти қарзӣ дахл доранд;

- додани ҳар гуна қарзҳо ба шахсони вобастаи ташкилоти қарзӣ;

- аз ҳисоб хориҷ кардани ҳар гуна қарз ё ӯҳдадории шахси вобастаи ташкилоти қарзӣ;

- тамдиди мӯҳлати баргардонии қарзҳои мӯҳлатрасидаи (маблағи асосӣ ва фоизҳои) шахсони вобастаи ташкилоти қарзӣ;

- наситонидани маблағҳо аз рӯи ӯҳдадориҳои шартии дар назди ташкилоти қарзӣ (кафолатҳо ё дигар ӯҳдадории шабеҳ) доштаи шахсони вобастаи он, ё шахси сеюм нисбат ба ин шахси қарздори вобаста, ки маблағҳояш метавонанд манбаи пардохти қарзҳо бошанд;

- фурӯхтан ё ба гарав додани ҳар гуна дороиҳои ташкилоти қарзӣ бо нархе, ки аз нархи бозор пасттар аст;

- додан, пешниҳод кардан, гирифтан ё кӯшиши гирифтани маблағҳои пулӣ, дороиҳо, подошпулӣ, ҷубронпулӣ, мукофотҳо, фоида ё додани ваъда барои анҷом додан ё надодани ин ё он амал дар раванди барҳамдиҳӣ (ба ғайр аз мудири махсус);

- рад кардани ҳамкорӣ бо мудири махсус барои дарёфти дороиҳо ва дигар маълумот дар бораи ташкилотҳои қарзӣ ё баргардонидани дороиҳои он ё пешниҳоди маълумоти бардурӯғ ба мудири махсус;

- аз тарафи мудири махсус бевосита ё бавосита барои худ харида гирифтани дороиҳои ташкилоти қарзӣ;

- ғайриқонунӣ бо мақсадҳои тиҷоратӣ истифода бурдани номи ташкилоти қарзие, ки барҳам дода мешавад;

- ғайриқонунӣ монеъ шудан ба иҷрои ӯҳдадориҳои мудири махсус, иҷро накардани талаботи қонунии вай;

- аз суд, Бонки миллии Тоҷикистон, мудири махсус пинҳон кардани маълумот дар бораи ба кӣ, кай ва дар кадом шакл дода шудани дороиҳои ташкилоти қарзӣ ва хусусиятҳои ин дороиҳо;

- аз мудири махсус пинҳон кардани аҳдҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст;

- амалҳое, ки зери мафҳуми муфлисшавии сохта ё барқасдона  фаҳмида мешаванд;

- амалҳое, ки бе риоя кардани навбати муқарраркардаи Қонуни мазкур ба афзалият додани як қарздеҳ боис мегарданд;

- розигии қарздеҳе, ки аз ғайриқонунӣ ба вай додани афзалият, қонеъ гардонидани талаботаш воқиф буда, бо ин амал ба дигар қарздеҳон зарар расонидааст;

- таъсиррасонӣ ба мудири махсус бо мақсади аз тарафи вай қабул гардидани қарор ба фоидаи қарздеҳони алоҳида.

2. Моддаи мазкур ба шахсони дар қисми 8 моддаи 59 Қонуни мазкур зикршуда, ки ҳуқуқи худро аз рӯи виҷдон амалӣ менамоянд ё дастурҳои қонунии гирифташударо иҷро мекунанд, татбиқ намегардад.

 

Моддаи 59. Ғайриқонунӣ ихтиёрдорӣ кардани дороиҳо ё зиёд кардани ӯҳдадориҳо

1. Аз лаҳзае, ки ташкилоти қарзӣ ба мушкилоти молиявӣ дучор мегардад, саҳмиядори (иштирокдори) ташкилоти қарзӣ барои талаби маблағи ба сармояи оинномавии ташкилоти қарзӣ гузоштааш, гирифтани қарз аз ташкилоти қарзӣ ё бо ягон тарзи дигар гирифтани ин маблағ (ҳисса), аз ҷумла суди саҳмияҳо ҳуқуқ надорад.

2. Ташкилоти қарзӣ ӯҳдадор аст ба ин гуна саҳмиядорон (иштирокдорон) гирифтани маблағи зикршуда ва додани қарзро рад кунад. Маблағи бо вайрон кардани муқаррароти қисми мазкур гирифташуда бояд баргардонида шуда, гунаҳгорон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

3. Бо мақсади таъмин намудани ҳифзи дороиҳои ташкилоти қарзие, ки ба мушкилоти молиявӣ дучор гардидааст, ба қарздеҳони вай, инчунин амонатгузорон ин амалҳо манъ мебошанд:

- ба ҳар гуна шахс ё мақоми давлатӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбиникардаи қонунгузорӣ, аз ҷумла қарздеҳон ё кормандони мақомоти давлатӣ забт, ҳабс, мусодира ё ғасб кардани дороиҳои он, аз ҷумла ба даст овардани ҳуқуқи назорати суратҳисобҳои бонкӣ;

- ба саҳмиядорон (иштирокдорон) ё роҳбарони ташкилоти қарзӣ  ихтиёрдорӣ кардани дороиҳои ташкилоти қарзӣ ё ихтиёран иҷро кардани ӯҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ ё додани қарзҳои нав ба ҳар гуна шахс ё қабул кардани ӯҳдадориҳои нав (аз ҷумла, додани кафолат барои ӯҳдадориҳои дигар тарафҳо, инчунин додани аккредитив ва дигар ӯҳдадориҳо).

4. Манъ кардани ихтиёрдории дороиҳо маънои манъ кардани тамдиди мӯҳлати пардохти ҳар гуна қарзи гирифтаи шахси вобастаи ташкилоти қарзӣ ё розигии ин шахсон барои қабули пардохтҳои ҷузъӣ ё пардохти ҳар гуна кафолат ё ӯҳдадории ин гуна шахсонро дар назди ташкилоти қарзӣ дорад.

5. Муқаррароти қисми 3 моддаи мазкур дар ҳолатҳои зерин татбиқ намегарданд:

- агар ихтиёрдории дороиҳо ё пардохти ӯҳдадориҳо аз тарафи мудири махсус ё Бонки миллии Тоҷикистон ё бо розигии онҳо (бо пурра ифшо кардани маълумоти зарурӣ аз тарафи онҳо) сурат гирад;

- агар ӯҳдадорӣ то таъини мудири махсус ба шахси вобастаи ташкилоти қарзӣ тааллуқ надошта бошад.

6. Агар Бонки миллии Тоҷикистон ё мудири махсус манъ накарда бошад, ташкилоти қарзӣ ҳуқуқ дорад бе иҷозати дар қисми 5 моддаи мазкур зикршуда, ҳатто дар сурати дучори мушкилоти молиявӣ гардиданаш пардохтҳои зеринро анҷом диҳад:

- музди меҳнати кормандон (ба истиснои кормандоне, ки саҳмиядор ё иштирокдори ташкилоти қарзӣ мебошанд);

- хароҷоти ҷории марбут ба истифодабарӣ аз хизматрасонии коммуналӣ, алоқаи телефонӣ ва нерӯи барқ, ки барои таъмини мурофиаи муфлисшавии ташкилоти қарзӣ зарур аст.

7. Қоидаҳое, ки барои иҷрои қисми 6 моддаи мазкур заруранд, имкон дорад бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда шаванд.

8. Муқаррароти ин модда татбиқ намегарданд:

- агар ҳуқуқи қарздеҳи бо гарав таъминшуда барои рӯёндани гарави эътибори ҳуқуқидошта то фаро расидани яке аз лаҳзаҳои дар қисми 1 моддаи мазкур зикршуда, бо назардошти талаботи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шуда бошад;

- ба ҳуқуқи соҳиби молу мулк доир ба баргардондани он аз рӯи созишномаи бо ташкилоти қарзӣ басташуда ё ба ҳамин гуна ҳуқуқи дигар шахсоне, ки соҳиби молу мулк  ба онҳо ҳуқуқ додааст, молу мулки  мазкурро ба ташкилоти қарзӣ дар асоси созишномаи интиқол барои соҳибӣ кардан ё истифода диҳанд;

- ҳангоми фаро расидани ҳолатҳое, ки созишнома пешбинӣ кардааст, саҳмиядор (иштирокдор) ё шахси дигаре, ки ба ин молу мулк ҳуқуқ дорад аз ташкилоти қарзӣ баргардондани молу мулки мазкурро талаб кунад.

Моддаи 60. Интиқоли ғайриқонунии дороиҳо

1. Агар мақомоти идории ташкилоти қарзӣ ва аъзои он, ки аз дучори мушкилоти молиявӣ шудани ташкилоти қарзӣ воқифанд, дар бораи ба шахсони сеюм додани дороиҳои ташкилоти қарзӣ қарор қабул кунанд ё барои қабул шудани ин қарор овоз дода, маблағи дороиҳои интиқолдодаро дар шакли пулӣ ё аслӣ пурра бозпас нагиранд ва қарздеҳони ташкилоти қарзӣ дар натиҷа аз ин дороиҳо маҳрум шаванд, он гоҳ онҳо барои зараре, ки ба ташкилоти қарзӣ дар натиҷаи ин амал расонидаанд, пурра ҷавобгар мебошанд.

2. Меъёрҳои Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба интиқоли ғайриқонунии молу мулк метавонанд ба интиқоли ғайриқонунии молу мулки ташкилоти қарзӣ низ татбиқ гарданд.

Моддаи 61. Ҷавобгарӣ барои амалҳои ғайриқонунӣ

Дар ҳолати иҷрои амали ғайриқонунӣ ё бефаъолиятии ҳар гуна шахс дар доираи Қонуни мазкур, аз ҷумла ҳолатҳое, ки роҳбар ё саҳмиядор (иштирокдор) дар бораи амалу ҳодисаҳои дар моддаи 3 Қонуни мазкур номбаршуда Бонки миллии Тоҷикистонро хабардор накунад, муқаррароти зерин истифода мешавад:

- роҳбарон ва аъзои мақомоти идораи ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла саҳмиядорони (иштирокдорони) он, ки аз мушкилоти молиявии ташкилоти қарзӣ ё ба мушкилоти молиявӣ рӯ ба рӯ будани он воқифанд ва бо амалҳои ғайриқонунӣ розӣ шуда, амалҳои ғайриқонунӣ содир мекунанд, аз рӯи қарзҳои ташкилоти қарзӣ ба маблағи пурраи моликияти шахсии худ масъулият ба зимма доранд (масъулияти субсидиарӣ) ва масъулияти онҳоро бояд суд бо пешниҳоди Бонки миллии Тоҷикистон ё мудири махсус (ё дар ҳолатҳои пешбиникардаи Қонуни мазкур бо пешниҳоди қарздеҳ) муқаррар кунад. Чунин роҳбарон ё аъзои мақоми идораи ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла саҳмиядорони (иштирокдорони) вай ҳуқуқи иштирок ё ишғол кардани вазифаи роҳбарикунандаро дар ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон надоранд ва бо тартиби судӣ аз ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ барои идоракунии шахсони ҳуқуқӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳрум карда мешаванд;

- шахсоне, ки амалҳои ғайриқонунии пешбиникардаи ин моддаро содир мекунанд, ҳамчунин мутобиқи қонунгузории ҷиноятӣ, маъмурӣ ва граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд;

- ҳар гуна дороии ташкилоти қарзиро, ки ташкилоти қарзӣ бар хилофи моддаи мазкур ихтиёрдорӣ кардааст, бояд мудири махсус аз шахсон ё мақомот, аз ҷумла мақомоти давлатӣ, ки ин дороиҳоро (хоҳ бо роҳи харид, ҳабс, мусодира, ихтиёрдорӣ ё тарзи дигар бошад) харида, арзиши бозории онҳоро пурра пардохт накардаанд, ситонад;

- агар ин шахсон маблағи дороиҳоро пардохт карда бошанду вале нархи пардохткарда аз нархи бозории дороиҳо паст бошад, онҳо метавонанд дар рафти барҳамдиҳӣ ба сифати қарздеҳони таъминнашуда талабот пешниҳод кунанд ё дар мувофиқа бо мудири махсус ин дороиҳоро ҳифз карда, ба мудири махсус маблағи ҳисобшудаи фарқияти байни нархи пардохтшуда ва арзиши бозории дороиҳоро пардохт кунанд;

- Бонки миллии Тоҷикистон ва мудири махсус ҳуқуқ доранд ба қарздеҳон ҳангоми муайян кардани қонуншиканӣ ва андозаи зиён кӯмак намуда, инчунин даъвои судии онҳоро ҷонибдорӣ кунанд;

- маблағи ба шахс мутобиқи ин модда пардохтшаванда ба мудири махсус баргардонида шуда, ба манфиати қарздеҳон мутобиқи Қонуни мазкур истифода мешавад.

БОБИ 7. ДИГАР АСОСҲОИ ҶАВОБГАРӢ БАРОИ ҚАРЗҲОИ ТАШКИЛОТИ   ҚАРЗӢ

Моддаи 62. Масъулияти маҳдуди саҳмиядорони (иштирокдорони)  ташкилоти қарзӣ

1. Саҳмиядорони (иштирокдорони) ташкилоти қарзӣ аз рӯи ӯҳдадориҳои ташкилоти қарзии муфлисшуда ҷавобгар набуда, хавфи зиёни марбут ба фаъолияти чунин ташкилотро танҳо дар ҳаҷми арзиши саҳмияҳои (ҳиссаҳои) худ ба зимма доранд.

2. Саҳмиядорони (иштирокдорони) ташкилоти қарзӣ, ки арзиши саҳмияҳоро (ҳиссаҳоро) пурра пардохт накардаанд, аз рӯи ӯҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ дар ҳаҷми арзиши қисми пардохтнашудаи саҳмияҳои (ҳиссаҳои) ҳар яке аз саҳмиядорон (иштирокдорон) масъулияти муштарак ба зимма доранд.

3. Ташкилоти қарзие, ки дар мурофиаи муфлисшавӣ қарор дорад, аз рӯи қарзу ӯҳдадориҳои худ бо ҳамаи дороиҳояш ҷавобгӯ мебошад ва наметавонад масъулияти маҳдуд дошта бошад.

Моддаи 63. Масъулияти саҳмиядорони (иштирокдорони) ташкилоти қарзӣ

1. Агар саҳмиядорони (иштирокдорони) ташкилоти қарзӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадор бошанд ё ихтиёран ба зиммаи худ ӯҳдадории иловагӣ, аз ҷумла қарз, кафолат ва дигар ӯҳдадориҳои ба онҳо монандро гиранд, он гоҳ барои ӯҳдадориҳои ташкилоти қарзии муфлисшуда, мутаносибан ба ӯҳдадориҳои ба зимма гирифтаашон масъулияти пурра бар дӯш доранд. Дар ҳолати пурра напардохтани қарз, мудири махсус ӯҳдадор аст аз чунин саҳмиядорони (иштирокдорони) ташкилоти қарзӣ маблағи боқимондаи онро ситонад.

2. Агар саҳмиядоре (иштирокдоре), ки масъулияти пурра ба зимма дорад ихтиёран ҳамаи қарз ё як қисми онро ба ҷойи саҳмиядорони (иштирокдорони) ташкилоти қарзии муфлисшуда, ки масъулияти пурра ба зимма доранд ва бо розигии онҳо пардохт карда бошанд, он гоҳ вай ҳуқуқ дорад ҷуброни онро аз чунин саҳмиядорон (иштирокдорон) талаб кунад.
3. Агар саҳмиядори (иштирокдори) ташкилоти қарзие, ки масъулияти пурра ба зимма дорад, давлат ё мақомоти давлатӣ бошанд, он гоҳ мутобиқи Қонуни мазкур имкон дорад молу мулки  ба давлат ё мақомоти давлатӣ тааллуқдошта ба андозаи муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати қарздеҳон ситонида шавад.

 

Моддаи 64. Масъулияти кафил

Шахсе, ки барои қарз ё ӯҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ ба шахси сеюм кафолат додааст (аз ҷумла, вексели интиқолии имзошуда, аккредитив ё ҳамин гуна ҳуҷҷате, ки зери он чунин шахс ба сифати кафил ё қарздор имзо кардааст), ӯҳдадор аст аз рӯи чунин кафолат масъулият ба зимма гирад.

БОБИ 8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 65. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани  Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани  муқаррароти Қонуни мазкур мутобиқи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 66. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                             Эмомалӣ РАҲМОН

 

ш. Душанбе,

28 июни соли 2011,

№ 719

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АМНИЯТ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 11/02/2020 - 09:00
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
721
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
28.06.2011
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ АМНИЯТ
 
(Ахбори маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №6, мод. 434; с. 2014, №11, мод. 646;
Қонунҳои ҶТ аз 15.03.2016 с., № 1283; аз 03.08.2018 с., № 1540)
 
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии таъмини амнияти инсон ва шаҳрванд, ҷамъият ва давлатро муайян карда, низоми таъмини амният, вазифа, мақсад ва самтҳои асосии онро ба танзим дароварда, салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ташкилотҳоро, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, дар соҳаи таъмини амният муқаррар менамояд. (ҚҶТ аз 27.11.14 с., № 1137)
 
БОБИ 1.
МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
 
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
амнияти миллӣ – ҳолати муҳофизатии манфиатҳои ҳаётан муҳими кишвар аз таҳдидҳои воқеӣ ва эҳтимолии дохиливу берунӣ; (ҚҶТ аз 27.11.14 с., № 1137)
манфиатҳои миллӣ – маҷмӯи эҳтиёҷоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва эҳтиёҷоти дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз амалишавии онҳо қобилияти давлат дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, арзишҳои ҷамъият ва ниҳодҳои асосии давлатдорӣ вобаста мебошад;
манфиатҳои ҳаётан муҳим – маҷмӯи эҳтиёҷоте, ки аз қонеъгардонии онҳо мавҷудият ва рушди шахсият, ҷамъият ва давлат вобаста мебошад (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., № 1283);
объектҳои амният – инсон ва шаҳрванд, ҳуқуқу озодиҳои онҳо, ҷамъият ва арзишҳои моддию маънавии он, давлат, сохти конститутсионӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии он;
субъектҳои амният – давлат, шаҳрвандон, ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон;
таҳдидҳо ба амният – маҷмӯи шароит, раванд ва омилҳое, ки барои амалишавии манфиатҳои миллӣ монеа мешаванд ё ба онҳо хатар ба вуҷуд меоранд;
таъмини амният – татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи таъмини амният ба воситаи низоми тадбирҳои дорои хусусияти иқтисодӣ, сиёсӣ, ташкилӣ ва дигар хусусиятҳо, ки ҷавобгӯи таҳдид ба манфиатҳои ҳаётан муҳими инсон ва шаҳрванд, ҷамъият ва давлат мебошанд;
амнияти иқтисодӣ – вазъи муҳофизатии иқтисодиёти миллӣ аз шароит, раванд ва омилҳои дохиливу беруние, ки рушди устувор ва истиқлолияти иқтисодиро зери хатар мегузоранд;
амнияти озуқаворӣҳолати муҳофизатии иқтисодиёти давлат мебошад, ки аз ҳисоби истеҳсолоти дохилӣ бехатарии озуқавории кишвар таъмин гардида, дастёбии воқеӣ, ки барои ҳаёти солиму фаъол ва рушди демографии ҳамаи аҳолӣ зарур аст, кафолат дода мешавад (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., № 1283);
амнияти ҷамъиятӣ – ҳифзи ҳуқуқӣ-сиёсӣ, маънавӣ-ахлоқӣ ва иҷтимоии ҳаёт, саломатӣ ва некӯаҳволии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин арзишҳои ҷамъият аз хатар ва таҳдидҳои имконпазире, ки ба онҳо зарар расонида метавонанд;
амнияти ҳарбӣ – ҳолати муҳофизатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҳдидҳои воқеӣ ва эҳтимолии хусусияти ҳарбидошта ба соҳибистиқлолӣ ва тамомияти арзии мамлакат;
амнияти экологӣ – ҳолати муҳофизатии манфиатҳои ҳаётан муҳими инсон ва шаҳрванд, ҷамъият ва давлат аз таҳдидҳое, ки дар натиҷаи таъсири антропогенӣ ва дигар таъсиррасониҳо ба муҳити зист ба вуҷуд меоянд;
амнияти иттилоотӣ – ҳолати муҳофизатии манбаъҳои давлатии иттилоотӣ, инчунин ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои ҷамъият дар соҳаи иттилоот;
амнияти берунӣ – ҳолати муҳофизатии манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҳдидҳое, ки аз ҷониби давлатҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандони хориҷӣ бармеоянд;
амнияти дохилӣ – ҳолати муҳофизатии манфиатҳои ҳаётан муҳими шахсият, ҷамъият ва давлат аз таҳдидҳои дохилӣ; (ҚҶТ аз 27.11.14 с., № 1137)
мақомоти ваколатдори давлатии таъмини амният – мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи амният
 
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи амният ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон иборат мебошад (ҚҶТ аз 03.08.2018 с., № 1540).
 
Моддаи 3. Принсипҳои таъмини амният
 
Принсипҳои таъмини амният инҳо мебошанд:
- эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
- қонуният;
- масъулияти мутақобилаи инсон ва шаҳрванд, ҷамъият ва давлат оид ба таъмини амният;
- иттилоотонии фаврии байниҳамдигарӣ ва мувофиқаи амалҳои қувваҳои таъмини амният;
- ягонагӣ, баҳамалоқамандӣ ва мувозинати ҳамаи намудҳои амният;
- бартарияти чораҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иттилоотӣ;
- назорат аз рӯи татбиқи ҳамаи маҷмӯи амалҳо оид ба ҳифзи амният;
- робита бо низомҳои амнияти байналмилалӣ.
 
Моддаи 4. Субъектҳои амният
 
1. Субъекти асосии таъмини амният давлат мебошад, ки вазифаҳои худро дар ин соҳа ба воситаи мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ менамояд.
2. Шаҳрвандон ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, субъектҳои таъмини амният ба шумор рафта, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, инчунин мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки дар доираи салоҳияташон дар ин соҳа қабул карда шудаанд, дорои ҳуқуқу ӯҳдадориҳо оид ба иштирок намудан дар таъмини амният мебошанд. (ҚҶТ аз 27.11.14 с., № 1137)
3. Давлат ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии шаҳрвандон ва ташкилотҳоро, ки мувофиқи қонун дар таъмини амният мусоидат мекунанд, таъмин менамояд.
 
Моддаи 5. Манфиатҳои миллӣ
 
Манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо мебошанд:
- таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
- нигоҳдории ризоияти ҷомеа ва суботи сиёсӣ дар мамлакат (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., № 1283);
- рушду устувории иқтисодиёти кишвар;
- тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ягонагии халқ;
- пойдорӣ ва инкишофи арзишҳои моддӣ ва маънавии ҷамъият;
- тағйирнопазирии сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла истиқлолияти давлатӣ, шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, дахлнопазирии сарҳади давлатӣ ва ҷудонашаванда будани ҳудуди он;
- фаъолияти устувори ниҳодҳои давлатдорӣ, таҳким ва самаранокии фаъолияти онҳо;
- таъмини муҷаҳҳазгардонӣ ва омодагии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- иҷрои бечунучарои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва нигоҳдории тартиботи ҳуқуқӣ;
- таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар асоси ҳамшарикӣ.
 
Моддаи 6. Таҳдидҳо ба амният
 
1. Таҳдидҳо ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо мебошанд:
– заифшавии адолати иҷтимоӣ ва судӣ, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, аз ҷумла афзоиши ҷинояткорӣ, ҷинояткории муташаккилона, ҷиноятҳои трансмиллӣ, савдои одамон, коррупсия, гардиши ғайриқонунии силоҳ ва воситаҳои нашъадор, ки ба пастшавии сатҳи ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, арзишҳои умумибашарӣ мусоидат менамоянд; (ҚҶТ аз 27.11.14 с., № 1137; ҚҶТ аз 15.03.2016 с., № 1283)
- фаъолияте, ки барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ равона карда шудааст, аз ҷумла амалҳое, ки ба тамомияти арзӣ, дахлнопазирӣ ва ҷудонашаванда будани ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷовуз мекунанд;
- заифшавии иқтидори мудофиавии мамлакат, таҳдид ба дахлнопазирии сарҳади давлатӣ, истифодаи қувва ва таҷовуз нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- фаъолияти ҷосусӣ, террористӣ, тахрибкорӣ (диверсионӣ) ва фаъолияти дигари хадамоти махсус, ташкилотҳои давлатҳои хориҷӣ ва шахсони алоҳида, ки барои расонидани зарар ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудаанд;
– номураттаб сохтани фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот,вайрон кардани муназзамии фаъолияти онҳо, паст гардидани сатҳи идоракунӣ дар кишвар; (ҚҶТ аз 27.11.14 с., № 1137)
- фаъолияте, ки ба амнияти иттилоотии кишвар таҷовуз мекунад;
- ифротгароии (экстремизми) сиёсӣ дар ҳама гуна шакли он, аз ҷумла барангехтани бадбинӣ ё хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ, мафкуравӣ, маҳалгароӣ ё гурӯҳӣ;
- мураккабшавии вазъи иҷтимоӣ-сиёсӣ, ки дар низоъҳои байни миллатҳо ва мазҳабҳо, бетартибиҳои оммавӣ, маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳои беиҷозат ва корпартоиҳои ғайриқонунӣ ифода мегардад;
- ташкили воҳидҳои ҳарбие, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ нашудаанд;
- якбора вайроншавии вазъи экологӣ, офатҳои табиӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ ва техногенидошта, эпидемия (паҳншавии умумии бемориҳои сироятӣ) ва эпизоотия (фавти саросари ҳайвонот);
- расонидани зарар ба амнияти иқтисодии давлат, аз ҷумла тавассути қочоқ бадастоварда ва маблағгузории терроризм, инчунин номуътадил гардонидани вазъи молиявии кишвар (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., № 1283);
- паст шудани сифати таҳсилот ва нерӯҳои зеҳнӣ дар мамлакат.
2. Таҳдидҳои воқеӣ ва эҳтимолӣ ба объектҳои амният, ки аз манбаъҳои дохилӣ ва хориҷӣ бармеоянд, мазмуни фаъолиятро оид ба таъмини амнияти дохилӣ ва берунӣ муайян менамоянд.
 
БОБИ 2.
НИЗОМИ ТАЪМИНИ АМНИЯТ ВА ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ ОН
 
Моддаи 7. Низоми таъмини амният
 
Низоми таъмини амниятро дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи сиёсати ягонаи давлатӣ, қувваҳои бо ҳам ҳамкорикунандаи таъмини амният, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ташкилотҳое, ки дар доираи салоҳияти худ масъулияти таъмини амниятро ба ӯҳда доранд, ташкил медиҳанд (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., № 1283).
 
Моддаи 8. Вазифаҳои асосии низоми таъмини амният
 
Вазифаҳои асосии низоми таъмини амният инҳо мебошанд:
- пешбинӣ, ошкор ва пешгирӣ кардани таҳдидҳои дохилӣ ва берунӣ ба манфиатҳои ҳаётан муҳими объектҳои амният (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., № 1283);
- таҳия ва амалӣ намудани маҷмӯи тадбирҳои таъҷилӣ ва дарозмуддати пешгирӣ кардан ва аз байн бурдани ин таҳдидҳо;
- ташкил намудан ва дар ҳолати омодабош нигоҳ доштани қувваю воситаҳои таъмини амният;
 - идора намудани қувваю воситаҳoи таъмини амният дар шароити ҳамарӯза ва ҳолатҳои фавқулодда;
- амалӣ намудани маҷмӯи тадбирҳои барқарор кардани кори мӯътадили объектҳои амният дар минтақаҳое, ки дар натиҷаи ба миён омадани ҳолатҳои фавқулодда зарар дидаанд;
- иштирок дар таъмини амнияти умумӣ ва минтақавӣ мувофиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон.
 
Моддаи 9. Қувваҳои таъмини амният
 
1. Ба қувваҳои таъмини амният дохил мешаванд:
– Қувваҳoи Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– мақомоти амнияти миллӣ, корҳои дохилӣ, разведкаи ҳарбӣ, мубориза бо коррупсия андоз, гумрук, ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, мақомоти дигари таъмини амният, ки дар асоси қонун амал мекунанд. (ҚҶТ аз 27.11.14 с., № 1137)
2. Қувваҳои таъмини амният дар доираи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳам ва бо мақомоти дахлдори давлатии давлатҳои ҳамшарик оид ба амнияти дастаҷамъона ҳамкорӣ намуда, ба якдигар оид ба масъалаҳои ба ваколатҳои онҳо дахлдошта иттилоъ медиҳанд. (ҚҶТ аз 27.11.14 с., № 1137)
3. Таъмини амният барои тамоми мақомоти дигари давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ташкилотҳое, ки ин фаъолиятро дар доираи ваколатҳо, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои худ мустақилона ё дар асоси муроҷиати қувваҳои таъмини амният амалӣ мекунанд, ҳатмӣ мебошад. (ҚҶТ аз 27.11.14 с., № 1137)
 
БОБИ 3.
САЛОҲИЯТИ ПРЕЗИДЕНТИҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ВА МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ТАЪМИНИ АМНИЯТ
 
Моддаи 10. Салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- роҳбарии умумии фаъолияти мақомоти таъмини амниятро амалӣ менамояд;
- самтҳои асосии амнияти дохилӣ ва беруниро муайян мекунад;
- амалҳои мувофиқашудаи ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатиро дар соҳаи ҳифзи манфиатҳои кишвар таъмин менамояд;
- кафили таъмини амнияти инсон ва шаҳрванд, ҷамъият ва давлат мебошад;
- мақомоти ваколатдори давлатии таъмини амниятро ташкил, аз нав таъсис ва барҳам медиҳад;
- афзалиятҳои ҳифзи манфиатҳои ҳаётан муҳими объектҳои амниятро муайян мекунад;
- Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис дода, ба он роҳбарӣ мекунад;
- бо пешниҳоди Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон консепсия ва стратегияи амнияти миллиро тасдиқ менамояд (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., № 1283);
- оид ба масъалаҳои таъмини амният фармон мебарорад ва амр медиҳад;
- тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти давлатии таъмини амниятро муқаррар, ҳамоҳанг ва назорат менамояд;
- ба сиёсати кадрии мақомоти давлатии таъмини амният назорат мекунад;
- барномаҳои давлатии таъмини амниятро тасдиқ ва татбиқи онҳоро назорат менамояд;
- ба таъмини иҷрои қонунҳое, ки муносибатҳоро дар соҳаи амният танзим менамоянд, назорат мекунад;
 - ҳангоми таҳдиди хатари воқеӣ ба амнияти давлат ҳолати ҷангро эълон менамояд;
- дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё дар маҳалҳои алоҳидаи он вазъияти фавқулодда эълон менамояд;
- тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳияти заруриро оид ба масъалаҳои таъмини амният амалӣ менамояд (ҚҶТ аз 03.08.2018 с., № 1540).
 
Моддаи 11. Салоҳияти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
1. Ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ҷорӣ намудани ҳолати ҷанг ва вазъияти фавқулодда тасдиқ менамояд;
- ба истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди он барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон розигӣ медиҳад.
2. Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- қонунҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои таъмини амният ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба онҳоро ҷонибдорӣ менамояд.
3. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- оид ба масъалаҳои таъмини амният қонунҳоро қабул карда, ба онҳо тағйиру иловаҳо ворид менамояд;
- санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро оид ба масъалаҳои таъмини амният тасдиқ ва бекор мекунад.
 
Моддаи 12. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
– ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунҳоро дар соҳаи амният пешниҳод карда, иҷрои қонунҳоро таъмин менамояд;
– таҳия ва татбиқи барномаҳои амнияти кишварро ташкил менамояд, иҷрои консепсия ва стратегияро дар соҳаи таъмини амният амалӣ месозад (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., № 1283);
– дар доираи салоҳияте, ки қонунгузорӣ муайян кардааст, ба мақомоти давлатии таъмини амният роҳбарӣ менамояд;
– ба таҳия ва татбиқи тадбирҳoи таъмини амният аз тарафи вазорату кумитаҳои давлатӣ, дигар идораҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо роҳбарӣ ва назорат мекунад;
– оид ба таъмини мудофиа ва амнияти давлатӣ тадбирҳо меандешад, бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон бо мақсади таъмини амният чораҳои маҷбуркунии давлатӣ (муҷозот) муқаррар менамояд (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., № 1283);
– Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, воситаҳои моддӣ, захираҳо ва хизматрасониҳо таъмин менамояд; (ҚҶТ аз 27.11.14 с., № 1137)
– иҷрои барномаҳои давлатӣ ва нақшаҳои такмили силоҳу аслиҳа, инчунин барномаҳои тайёр кардани шаҳрвандонро аз рӯи ихтисосҳои каcбии ҳарбӣ таъмин мекунад; (ҚҶТ аз 27.11.14 с., № 1137)
– барои хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шахсоне, ки мувофиқи қонун бо мақсади таъмини мудофиа ё амнияти давлат ҷалб карда мешаванд, кафолати иҷтимоиро таъмин менамояд;
– ҳифзи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамояд;
– ба мудофиаи гражданӣ роҳбарӣ мекунад;
– тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар салоҳиятро оид ба масъалаҳои таъмини амният амалӣ менамояд (ҚҶТ аз 03.08.2018 с., № 1540).
 
Моддаи 13. Салоҳияти судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- адолати судиро доир ба парвандаҳо оид ба ҷиноятҳое, ки ба амнияти инсон ва шаҳрванд, ҷамъият ва давлат таҷовуз менамоянд, амалӣ мекунанд;
- ҳифзи ҳуқуқ, озодиҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, давлат, ташкилотҳо, иҷрои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистонро таъмин менамоянд (ҚҶТ аз 03.08.2018 с., № 1540).
 
Моддаи 14. Салоҳияти мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
– дар доираи салоҳияти худ амалӣ гардидани барномаҳои давлатии ҳифзи манфиатҳои ҳаётан муҳими объектҳои амниятро таъмин менамоянд;
– ба мақомоти болоии давлатӣ оид ба такмил додани низоми таъмини амният таклифҳо пешниҳод менамоянд;
– риояи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи амният таъмин менамоянд;
– дар доираи салоҳияти худ низомнома ва дастурамалҳои дохилиидоравиро оид ба таъмини амният таҳия ва тасдиқ мекунанд;
– ба фаъолияти ташкилотҳои тобеъ ҷиҳати банақшагирӣ ва гузаронидани чорабиниҳо оид ба таъмини амният роҳбарӣ менамоянд;
– шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатиеро, ки амал (ё беамалии) онҳо боиси вайроншавии манфиатҳо ва таҳдид ба амнияти давлат мегарданд, ба ҷавобгарӣ мекашанд;
– тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ваколатҳоро оид ба масъалаҳои таъмини амният амалӣ менамоянд. (ҚҶТ аз 27.11.14 с., № 1137)
 
Моддаи 15. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии
                        шаҳрак ва деҳот, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ташкилотҳо, новобаста аз шакли
                        ташкилию ҳуқуқиашон
 
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон дар доираи ваколатҳо, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худ:
– дар воҳидҳои марзию маъмурӣ ва ташкилотҳои дахлдор оид ба таъмини амният чораҳо андешида, фаъолиятро дар ин самт ташкил менамоянд; 
– маҳфуздории қувваҳо ва захираҳои сафарбарии аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршударо таъмин менамоянд; 
– тибқи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ваколатҳо, ҳуқуқ ва уҳдадориҳоро оид ба масъалаҳои таъмини амният амалӣ менамоянд.
(ҚҶТ аз 27.11.14 с., № 1137)
БОБИ 4.
ТАЪМИНИ АМНИЯТ
 
Моддаи 16. Кафолатҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ташкилотҳо, новобаста аз
                        шакли ташкилию ҳуқуқиашон, ҳангoми таъмини амният
 
1. Давлат тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амнияти ҳар як инсон ва шаҳрванд, ташкилотҳоро, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд. Давлат ҳимоя ва пуштибонии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки берун аз ҳудуди он қарор доранд, кафолат медиҳад (ҚҶТ аз 03.08.2018 с., № 1540).
2. Ҳангоми таъмини амният ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд метавонанд танҳо дар асоси қонунҳо ва то андозае, ки он барои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, саломатии аҳолӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзӣ зарур аст, маҳдуд карда шаванд. Дар ин ҳолат, шаҳрвандон ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд оид ба мaҳдуд карда шудани ҳуқуқу озодиҳои худ аз субъектҳои таъмини амният тавзеҳот гиранд.
3. Шахсони мансабдоре, ки ҳангоми таъмини амният аз ҳадди ваколатҳои худ мебароянд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
4. Ба шаҳрвандон ва ташкилотҳо, ки ба таъмини амният мусоидат менамоянд, дастгирии давлатӣ, аз ҷумла ҳимояи ҳуқуқии онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода мешавад.
 
Моддаи 17. Чораҳо оид ба таъмини амният
 
1. Таъмини амният амалӣ карда мешавад ба воситаи:
– тадриҷан амалӣ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ бо назардошти тақсими дақиқонаи салоҳият ва таъмини фаъолияти мувофиқашудаи мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдор, ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, инчунин шаҳрвандон, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалӣ намудани чораҳо оид ба таъмини амният иштирок менамоянд; (ҚҶТ аз 27.11.14 с., № 1137)
– мувофиқатии чораҳои ҳифзи манфиатҳои давлат ва шаҳрвандон аз таҳдидҳои воқеӣ ва эҳтимолӣ;
– масъулияти мутақобилаи инсон ва шаҳрванд, ҷамъият, давлат ва тавозуни манфиатҳои онҳо.
2. Таъмини амният аз ноилгардӣ ва нигоҳдории сатҳи зарурии дараҷаи ҳифзи манфиатҳои миллӣ иборат буда, бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- муайян кардани самтҳои асосии фаъолияти давлат дар ин соҳа;
- пешбинӣ ва ошкор кардани таҳдидҳо ба амнияти миллӣ;
- амалӣ сохтани маҷмӯи чораҳои фаврӣ ва дарозмуддат оид ба пешгирӣ ва безараргардонии таҳдидҳо ба амнияти миллӣ, аз ҷумла доир ба бартарафсозии сабаб ва шароитҳои бавуҷудорандаи ин таҳдидҳо;
- сафарбарии қувваю воситаҳои таъмини амният дар ҳолатҳои пайдоиши таҳдиди бевосита ба манфиатҳои миллӣ, таҷовуз ба онҳо, аз ҷумла дар ҳолатҳои изтирорӣ (экстремалӣ) ва фавқулоддаи хусусияти дохилидавлатӣ, фаромарзӣ ва ҷаҳонидошта;
- қабули бетаъхири қарорҳо ва иҷрои амалҳо оид ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ, пешгирии фаъолияти ғайриқонуние, ки ба амнияти миллӣ таҷовуз мекунад, амалӣ гардонидани тадбирҳои дигари ҳуқуқмаҳдудкунанда;
- пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳое, ки бо таҷовузҳо ба манфиатҳои миллӣ алоқаманданд, амалӣ кардани маҷмӯи чораҳои барқарорсозӣ.
 
Моддаи 18. Таъмини амнияти иқтисодӣ
 
1. Амнияти иқтисодӣ бо қарор ва амалҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон, ки барои иҷрои корҳои зерин равона карда шудаанд, таъмин мегардад (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., № 1283):
- таъмини истиқлолияти иқтисодии Тоҷикистон;
- роҳ надодан ба бунбасти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз низоми иқтисодиёти ҷаҳонӣ;
- нигоҳдорӣ ва таҳкими асосҳои захираҳои энергетикии иқтисодиёти мамлакат;
- то дараҷаи ниҳоӣ паст кардани сатҳи осебпазирии иқтисодиёти мамлакат, ки бо таъсири омилҳои эҳтимолии манфии дар муҳити геополитикии давлат бавуҷудоянда алоқаманд аст;
- таъмини ҳамкории самаранок бо сохторҳои молиявии ватанию байналмилалӣ, бартарияти равона намудани захираҳои қарзии дохилию хориҷӣ ва имкониятҳои сармоягузорӣ барои барқарор кардан ва рушди иқтисодиёти ватанӣ;
- баланд набардоштани сатҳи имконпазири касри буҷети давлатӣ ва устувор гардонидани қисми даромади он;
- роҳ надодан ба истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷет ва захираҳои давлатӣ;
- роҳ надодан ба номувозинатии хатарноки рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои кишвар ва аз байн бурдани он;
- зиёд кардани ҳиссаи молистеҳолкунандагон дар иқтисодиёти кишвар бо шарти ҳавасмандгардонии рақобат ва маҳдудсозии фаъолияти инҳисорӣ;
- таъмини болоравии иқтисодии кишвар.
2. Давлат бо мақсади ҳимояи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла барои нигоҳ доштан ва таҳким бахшидани нерӯи саноатӣ бо риояи кафолатҳое, ки ба сармоягузорони хориҷӣ медиҳад, аз болои вазъ ва истифодаи объектҳои иқтисодиёти мамлакат, ки онҳоро ташкилотҳои хориҷӣ ва муштараки хориҷию ватанӣ идора мекунанд ё молики онҳо мебошанд, назорат мекунад.
3. Талаботҳо оид ба таъмини амнияти иқтисодӣ ҳатман дар мавриди имзо кардани қарордодҳо оид ба истифодаи захираҳои стратегии мамлакат, иҷрои ин қарордодҳо ва назорати иҷрои онҳо ба назар гирифта мешаванд. (ҚҶТ аз 27.11.14 с., № 1137)
4. Ба қабули қарор ва иҷрои амалҳое, ки хилофи манфиатҳои ташаккулёбӣ ва фаъолияти мунтазами сохторҳои зерин мебошанд, роҳ дода намешавад:
- фазои бозории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар доираи он гардиши озодонаи захираҳои меҳнатӣ, молиявӣ ва дигар захираҳо амалӣ мегардад;
- низоми ягона ва мустақили молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла муомилоти асъори миллӣ дар тамоми ҳудуди кишвар (ҚҶТ аз 03.08.2018 с., № 1540);
- низоми ягона ва мустақили коммуникатсионӣ ва энергетикии мамлакат.
5. Бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон метавонанд талаботи иловагӣ ва амалу тадбирҳо оид ба таъмини амнияти иқтисодӣ пешбинӣ карда шаванд.
 
Моддаи 19. Таъмини амнияти озуқаворӣ
 
1. Амнияти озуқаворӣ тавассути таҳия ва татбиқи чораҳои иҷтимоию иқтисодӣ, илмию техникӣ, маъмурӣ ва дигар чораҳое, ки ба пешгирӣ ва безараргардонии таҳдиди амнияти озуқаворӣ равона шудаанд, таъмин карда мешавад.
2. Таъмини амнияти озуқаворӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:
– таъмин намудани дастрасии воқеӣ ва иқтисодии маҳсулоти босифати озуқаворӣ барои аҳолӣ тибқи меъёрҳои физиологии истеъмолӣ новобаста аз синну сол, вазъи молумулкӣ ва иҷтимоӣ, ҷои истиқомат ва будубош;
– мутобиқатии сифати маҳсулоти озуқавории дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда, фурӯхташаванда ва ба он воридшаванда ба талаботҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– ташаккул, таҷдид ва пурра намудани захираҳои давлатии маҳсулоти озуқаворӣ, сарфи назар аз таъсири омилҳои номусоиди дохилӣ ва берунӣ;
– ташкили муҳити баробари рақобатпазир барои ворид шудан ба бозори маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ;
– ҳамкориҳои мутақобилаи давлат ва субъектҳои соҳибкории хусусӣ;
– мусоидат намудан ба баланд бардоштани нақши иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои тиҷоратӣ дар масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ; (ҚҶТ аз 27.11.14 с., № 1137)
– дастрас ва ошкоро будани иттилоот дар бораи ҳолати бозори маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ.
3. Ба қабули қарорҳо ва аз ҷониби мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ содир намудани амалҳое (беамалие) роҳ дода намешавад, ки:
- ҳолати амнияти озуқавориро бад мекунанд;
- беасос баланд бардоштани нархи маҳсулоти озуқаворӣ, паст шудани захираҳои дохилии озуқавориро ба вуҷуд меоранд;
- ба содироти ғайриқонунии маҳсулоти озуқаворӣ берун аз ҳудуди мамлакат мусоидат мекунанд;
- ба воридоти маҳсулоти озуқавории бесифат ва барои аҳолӣ хавфнок ба бозори дохилӣ мусоидат мекунанд.
4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми бад шудани ҳолати амнияти озуқаворӣ метавонад воридот ва содироти маҳсулоти озуқавориро муваққатан манъ ва ё маҳдуд намояд.
 
Моддаи 20. Таъмини амнияти ҷамъиятӣ
 
1. Амнияти ҷамъиятӣ бо қарорҳо ва амалҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон, ки барои иҷрои корҳои зерин равона карда шудаанд, таъмин мегардад (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., № 1283):
- таҳкими кафолати таъмини амнияти шахсии шаҳрвандон, ҳуқуқу озодиҳои онҳо;
- ташаккули рӯҳияи умумимиллӣ, ки ба ватандӯстӣ ва ризоияти байни миллатҳо асос ёфтааст;
- таҳкими ягонагии халқи Тоҷикистон;
- дастгирии афзоиши табиии аҳолӣ, таъмини қабули чораҳои саривақтӣ бар зидди равандҳои бӯҳронии демографӣ ва банақшагирии оила;
- пурзӯр кардани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла шаклҳои муташаккили он, коррупсия ва терроризм;
- боздоштани болоравии бекорӣ ва пастшавии сатҳи зиндагии аҳолӣ, ки ба суботи сиёсии кишвар таҳдид мекунанд;
- пешгирии омилҳои ичтимоие, ки ба саломатӣ ва маънавиёти аҳолӣ, ирсияти (генофонди) халқи Тоҷикистон таҳдид мекунанд;
- монеъ шудан ба пастравии нерӯҳои зеҳнии мамлакат.
2. Ба қабули қарорҳо ва содир намудани амалҳое роҳ дода намешавад, ки баръало метавонанд:
– пойдории ягонагии халқи Тоҷикистонро халалдор созанд ва муносибати байни миллатҳоро бад кунанд;
– ризоияти ҷамъиятӣ ва суботи сиёсиро дар кишвар халалдор созанд;
– боиси дахолати ташкилотҳои динӣ ба корҳои давлат гарданд. (ҚҶТ аз 27.11.14 с., № 1137)
3. Даъватҳои зерини шаҳрвандон, аз ҷумла намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳамчун амалҳо оид ба ноустувор гардонидани амният эътироф шуда, боиси ҷавобгарии бо қонун пешбинишуда мегарданд:
– ба сарнагун сохтан ё бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла даъватҳо ба ҷудоихоҳӣ (сепаратизм) ва амалҳои дигаре, ки ба ягонагӣ, дахлнопазирӣ ва ҷудонашаванда будани ҳудуди мамлакат таҷовуз мекунанд;
– ба ғасби ҳокимият;
– барои бо роҳи зӯроварӣ қатъ гардонидани ваколатҳо ё монеъ шудан ба фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шахсони мансабдори тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилёфта ва интихобшуда (таъиншуда); (ҚҶТ аз 27.11.14 с., № 1137; аз 03.08.2018 с., № 1540)
– ба истифода кардани тафовути мавҷудбудаи мазҳабӣ ва ақидаҳои гуногуни динӣ бо мақсадҳои сиёсӣ.
 
Моддаи 21. Таъмини амнияти ҳарбӣ
 
1. Ҳамаи мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ӯҳдадоранд, ки мусоидат намоянд (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., № 1283):
- ба таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат;
- ба нигоҳ доштан ва баланд бардоштани дараҷаи иқтидори ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ба нигоҳ доштани иқтидор ва захираҳои сафарбаркунӣ.
2. Қабули қарорҳо ва содир намудани амалҳое, ки ба иқтидори мудофиавии мамлакат, иқтидори ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар расонида метавонанд, манъ аст.
3. Ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, роҳ дода намешавад:
- ба ҷойгир кардани пойгоҳҳои (базаҳои) ҳарбии давлатҳои хориҷӣ дар ҳудуди кишвар;
- ба убур (транзит) кардани воҳидҳои ҳарбӣ, аслиҳа ва техникаи ҳарбии давлатҳои хориҷӣ аз ҳудуди мамлакат.
4. Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини амнияти ҳарбӣ ҷалб карда мешаванд (ҚҶТ аз 03.08.2018 с., № 1540).
 
Моддаи 22. Таъмини амнияти экологӣ
 
Ӯҳдадориҳои мақомоти дахлдори давлатӣ, ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон инҳоянд:
- ҳифзи муҳити зист, оқилона истифода кардан ва ҳимоя намудани захираҳои табиӣ;
- роҳ надодан ба беназорат ворид намудани технологияҳо, моддаҳо ва маводи хавфноки экологӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- пешгирӣ намудани олудашавии радиоактивӣ, кимёвӣ ва заҳролудшавии бактериологии ҳудуди мамлакат;
- маҳдуд намудани истифодаи технологияҳои хавфнок ва номукаммали экологӣ;
- пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои манфии экологии фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият.
 
Моддаи 23. Таъмини амнияти иттилоотӣ
 
1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми миллии ҳифзи иттилоот, аз ҷумла захираҳои давлатии иттилоотӣ таъсис ва мустаҳкам карда мешаванд.
2. Қабули қарорҳо аз ҷониби мақомот ва шахсони мансабдори Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва иқтисодии хориҷӣ бояд ба иттилооти объективӣ ва огоҳона дар бораи тамоюлҳои рушди сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳонӣ, вазъи сиёсӣ ва иқтисодии давлатҳои дигар, хусусан давлатҳои ҳамҷавор асос ёбад.
3. Мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ӯҳдадоранд, ки тамоми чораҳои заруриро андешанд, барои роҳ надодан (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., № 1283):
- ба вобастагии иттилоотии Тоҷикистон;
- ба ғасб ва муҳосираи иттилоотӣ аз ҷониби давлатҳои дигар;
- ба бунбасти иттилоотии мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва қувваҳои таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
4. Ба қабули қарорҳо ва содир намудани амалҳое, ки хилофи манфиатҳои миллии ташаккул ва фаъолияти мунтазами фазои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дохил шудани Тоҷикистон ба низоми ҷаҳонии алоқа ва иттилоот мебошанд, роҳ дода намешавад.
5. Содир намудани амалҳои зерин манъ аст:
- дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн намудани маводи интишорӣ, намоишҳои телевизионӣ ва пахши радиоии воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ, ки мазмуни онҳо амнияти миллиро халалдор месозад;
- ифшо кардани иттилооти хизматӣ ва дигар иттилооти ба манфиатҳои давлат алоқаманд.
 
Моддаи 24. Таъмини амнияти берунӣ
 
1. Бо мақсади соҳиб шудан ба кафолатҳои байналмилалии амният, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини амнияти байналмилалӣ (ҷаҳонӣ, минтақавӣ) иштирок менамояд, ки қисми таркибии он амнияти кишвар мебошад.
2. Амнияти мамлакат дар соҳаи муносибатҳои сиёсии берунӣ бо амалҳои зерин таъмин карда мешавад:
- иштирок дар тадбирҳои байналмилалӣ оид ба ташаккули тартиботи ҷаҳонӣ;
- ташаккул додан ва пойдории низоми самарабахши амнияти дастаҷамъона дар муҳити геополитикии Тоҷикистон;
- иштирок дар ташкилотҳои байналмилалӣ, ки фаъолияти онҳо ҷавобгӯи манфиатҳои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад;
- иштирок дар чорабиниҳои берун аз ҳудуди мамлакат, ки барои таъмини амният равона гардидаанд, тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон;
- дар мавридҳои зарурӣ якҷоя бо кишварҳои ҳамҷавор ҳалли масъалаҳое, ки ба таъмини амният дахл доранд.
3. Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- бо мақсади таъмини назорати боэътимоди сарҳадӣ низоми ҳифзи сарҳади давлатиро рушд ва таҳким мебахшад;
- низоми назорати фазои ҳавоиро бо пайвастани он ба низоми назорати байналмилалии ҳаммонанд ташаккул медиҳад;
- барои роҳ надодан ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ тамоми чораҳои заруриро меандешад.
4. Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки муқобили давлат фаъолияти харобкорона бурда, зидди соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзии мамлакат, ягонагии халқи он, ризоияти ҷомеа ва суботи сиёсӣ дар мамлакат ошкоро баромад мекунанд, роҳ дода намешавад. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузур дошта, ба чунин баромадҳои ошкоро роҳ медиҳанд, аз ҳудуди мамлакат бароварда шуда, ба ҷавобгарии дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон кашида мешаванд.
 
Моддаи 25. Таъмини амнияти ниҳодҳои давлатдорӣ
 
1. Таъмини амнияти ниҳодҳои давлатдорӣ вазифаи муҳими мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, яке аз меъёрҳои арзёбии фаъолияти хизматии онҳо ба ҳисоб меравад.
2. Талабот оид ба таъмини амният дар мавридҳои зерин ҳатман ба назар гирифта мешавад:
- тарҳрезии стратегии самту марҳилаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат;
– таҳия, қабул ва иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар санадҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шахсони мансабдор. (ҚҶТ аз 27.11.14 с., № 1137)
3. Ба қабули қарорҳо ва иҷрои амалҳое, ки хилофи манфиатҳои ташаккул ва фаъолияти мунтазами низоми ягонаи мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, амният ва судҳо,  мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҳамчунин низоми ягонаи ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, роҳ дода намешавад. (ҚҶТ аз 27.11.14 с., № 1137)
4. Давлат барои расидан ба мақсадҳои зерин чораҳо меандешад:
- барои баланд бардоштани обрӯю нуфузи хизмати давлатӣ;
- барои ташаккули механизмҳои ташкилию ҳуқуқие, ки таъин шудани шахсони ба талаботи муқарраргардида ҷавобгӯ набударо ба хизмати давлатӣ роҳ намедиҳанд.
5. Хизматчиёни давлатӣ дар фаъолияти худ ӯҳдадоранд, ки манфиатҳои умумидавлатиро ба роҳбарӣ гиранд. Ба хизматчиёни давлатӣ қабул кардани қарор ва анҷом додани амалҳое, ки обрӯи ҳокимияти давлатиро зери шубҳа гузошта, боиси ба манфиатҳои ғайрихизматӣ истифода кардани мақоми хизматӣ мегарданд, манъ аст.
6. Расмиёти аз тарафи шахсони ваколатдори давлатӣ қабул кардани қарорҳое, ки бо амалҳои зерин алоқаманданд, бояд ба ҳадди муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ошкоро ва хусусияти назоратӣ дошта бошанд:
- тақсими маблағҳои буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, аз ҷумла барои хариди давлатӣ ва захираҳои қарзӣ ҷудокардашаванда;
- додани иҷозату иҷозатномаҳо (литсензияҳо);
- ба субъектҳои хоҷагидор додани имтиёзу бартариҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ;
- хусусигардонии объектҳои моликияти давлатӣ.
 
Моддаи 26. Маблағгузории фаъолият оид ба таъмини амният
 
Маблағгузории фаъолият оид ба таъмини амният вобаста ба мазмун ва миқёси барномаҳо, хусусияти ҳолатҳои фавқулодда ва оқибатҳои онҳо аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
 
БОБИ 5.
ШӮРОИ АМНИЯТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Моддаи 27. Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
1. Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
2. Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни мазкур таъсис ёфта, мақоми роҳбарии коллегиалӣ доир ба масъалаҳои мудофиа ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳияи қарорҳо оид ба татбиқи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ дар соҳаи таъмини амният мебошад (ҚҶТ аз 03.08.2018 с., № 1540).
3. Тартиби ташкил ва фаъолияти Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Низомномаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, муайян карда мешавад.
 
Моддаи 28. Ҳайати Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиби ташкили он
 
1. Ба ҳайати Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Шӯрои амният) Раис, Котиб, аъзои доимӣ ва аъзои Шӯрои амният дохил мешаванд.
2. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи мансаб Раиси Шӯрои амният мебошад.
3. Ба ҳайати аъзои доимии Шӯрои амният Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиби Шӯрои амният дохил мешаванд. Котиби Шӯрои амниятро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд. (ҚҶТ аз 03.08.2018 с., № 1540).
4. Роҳбарони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, корҳои хориҷӣ, адлия, мудофиа, корҳои дохилӣ, тандурустӣ, мақомоти амнияти миллӣ, мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб ва мақомоти ҳифзи муҳити зист, инчунин дигар шахсони мансабдор метавонанд аъзои Шӯрои амният бошанд. Ҳайати шахсии Шӯрои амният аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. Вобаста ба мазмуни масъалаи мавриди баррасӣ қарордошта, Шӯрои амният метавонад шахсони дигарро низ ҳамчун мушовирон ва коршиносон ҷалб намояд (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., № 1283).
5. Ҳангоми баррасии масъалaҳои таъмини амният дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо барои иштирок дар кори Шӯрои амният намояндагони ваколатдори онҳо ҷалб карда мешаванд (ҚҶТ аз 03.08.2018 с., № 1540).
 
Моддаи 29. Салоҳият ва вазифаҳои асосии Шӯрои амният
 
1. Салоҳияти Шӯрои амният:
- таҳлили маҷмӯии ҷараёни вазъи ҷаҳон ва минтақаҳо дар робита ба манфиатҳои амнияти миллӣ, ҷамъоварӣ, омӯзиш ва таҳлили ахборот доир ба фаъолияти низоми таъмини амният ва пешниҳоди тавсияҳо оид ба такмили он;
- ҳамоҳангсозии таҳияи консепсияҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи амният, баҳодиҳии таҳдидҳои дохилӣ ва берунӣ ба манфиатҳои объектҳои ҳаётан муҳими амнияти давлат ва муайянсозии манбаъҳои он, андешидани чораҳо ҷиҳати пешгирии онҳо (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., № 1283);
- таҳия ва ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани таклифу тавсияҳо доир ба қабули санадҳои зарурии қонунгузорӣ ва тадбирҳои ташкилӣ оид ба таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳия ва ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани тавсияҳо оид ба қабул намудани қарорҳо доир ба масъалаҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат дар соҳаи таъмини амният;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба масъалаҳои таъмини амният ва иҷрои амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин соҳа (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., № 1283);
- барқарор намудани робита бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва мақомоти амниятии кишварҳои хориҷӣ аз рӯи масъалаҳои таҳти салоҳияташ қарордошта;
- назорати иҷрои қарорҳои Шӯрои амният ва амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амният, андешидани тадбирҳо баҳри рафъи камбудӣ ва норасоиҳои ошкоршуда, сабабу шароитҳое, ки боиси рӯй додани онҳо гардидаанд.
2. Вазифаҳои асосии Шӯрои амният:
- муайян намудани манфиатҳои ҳаётан муҳими инсон ва шаҳрванд, ҷамъият ва давлат ва ошкор намудани таҳдидҳои дохилӣ ва берунӣ ба объектҳои амният;
- ташаккули стратегия ва тактикаи сиёсати хориҷӣ ва дохилӣ дар соҳаи таъмини амният, тамомияти арзӣ, истиқлолият, сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳия ва татбиқи консепсия ва стратегияи таъмини амнияти миллӣ ва баҳодии самаранокии он (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., № 1283);
- таҳияи қарорҳои фаврӣ оид ба пешгирии ҳолатҳои фавқулоддае, ки боиси оқибатҳои ҷиддии иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ, экологӣ ва дигар оқибатҳо шуда метавонанд, инчунин оид ба бартараф намудани чунин ҳолатҳо (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., № 1283);
- пешниҳоди таклифҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷорӣ намудани ҳолати ҷанг ҳангоми таҳдиди воқеӣ ба амнияти давлат, инчунин доир ба ҷорӣ, тамдид ё бекор намудани ҳолати фавқулодда;
- таҳияи пешниҳодот оид ба такмили низоми таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи навсозии мақомоти мавҷуда ё таъсиси мақомоти наве, ки амнияти инсон ва шаҳрванд, ҷамъият ва давлатро таъмин менамоянд;
- таҳлил ва ҷамъбасти иттилоот дар бораи вазъи амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳоди он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- назорати иҷрои амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ.
 
Моддаи 30. Қарорҳои Шӯрои амният
 
1. Доир ба масъалаҳое, ки дар ҷаласаҳои Шӯрои амният баррасӣ мегарданд, қарорҳои дахлдор қабул карда мешаванд. Аъзои Шӯрои амният ҳангоми қабули қарор ҳуқуқи баробар дошта, қарорҳо бо аксарияти оддии овозҳо қабул карда мешаванд.
2. Қарорҳои Шӯрои амният оид ба масъалаҳои таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо протокол ва оид ба масъалаҳое, ки ҳалли онҳо қарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро талаб менамоянд, бо фармон ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда мешаванд.
 
Моддаи 301. Котиботи Шӯрои амният
(ҚҶТ аз 03.08.2018 с., № 1540)
 
1. Барои таъмини фаъолияти Шӯрои амният котиботи Шӯрои амният таъсис дода мешавад.
2. Котиботи Шӯрои амният воҳиди сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
3. Низомномаи котиботи Шӯрои амният бо пешниҳоди Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад (ҚҶТ аз 03.08.2018 с., № 1540).
 
БОБИ 6.
МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
 
Моддаи 31. Назорат ба фаъолияти мақомоти таъмини амният
 
Назорат ба фаъолияти мақомоти таъмини амният аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои тобеи он таъмин карда мешавад.
 
Моддаи 32. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
 
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 33. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
                        «Дар бораи амният»
 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 1993 «Дар бораи амният» (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1994, №3-4, мод. 64; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, №22, мод. 270; с. 1996, №3, мод. 48, фасли XXIV; с. 1997, №23-24, мод. 333, фасли XXIV) аз эътибор соқит дониста шавад (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., № 1283).
 
Моддаи 34. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
 
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
 
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                       Эмомалӣ Раҳмон
 
ш. Душанбе
 28 июни соли 2011
№ 721
 
 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БОЗОРИ КОҒАЗҲОИ ҚИМАТНОК

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 11/02/2020 - 09:13
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
745
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
28.06.2011

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ БОЗОРИ КОҒАЗҲОИ ҚИМАТНОК

 

(Ахбори маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №6, мод. 456; с. 2014, №3, мод. 151;

с. 2015, №11, мод. 976; с. 2016, №11, мод. 889)

 

Қонуни мазкур муносибатҳоеро, ки дар раванди барориш, паҳнкунӣ, гардиш ва пардохти коғазҳои қиматноки эмиссионӣ,  новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии эмитент, хусусияти таъсисдиҳӣ  ва фаъолияти субъектҳои бозори коғазҳои қиматнок ба вуҷуд меоянд, танзим намуда, тартиби танзим ва назоратро дар бозори коғазҳои қиматнок бо мақсади таъмини амали бехавф, кушода ва самараноки бозори коғазҳои қиматнок, ҳифзи ҳуқуқи сармоягузорон ва дорандагони коғазҳои қиматнок, рақобати боинсофонаи иштирокчиёни бозори коғазҳои қиматнок муайян менамояд.

 

БОБИ 1.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

 

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

андеррайтинг – аз ҷониби андеррайтер дар асоси созишнома бо эмитенти коғазҳои қиматнок гузаронидани обунашавӣ ба коғазҳои қиматнок ё фурӯши коғазҳои қиматноке, ки бо тариқи эмиссияи оммавӣ бароварда шудаанд;

андеррайтер – иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок, ки бо эмитенти коғазҳои қиматнок бо ӯҳдадории гузаронидани обунашавӣ ба коғазҳои қиматнок ё фурӯши коғазҳои қиматноки ба тариқи эмиссияи оммавӣ баровардашуда ё таъмини обунашавӣ ба коғазҳои қиматнок ё хариди онҳо аз ҷониби шахсони дигар шартнома мебандад;

барориши коғазҳои қиматноки эмиссионӣ – маҷмӯи ҳамаи коғазҳои қиматноки як эмитент, ки арзиши номиналии баробар доранд ва ба дорандагони онҳо вобаста аз намуди онҳо андозаи баробари ҳуқуқҳоро медиҳанд. Ба барориши коғазҳои қиматноки  эмиссионӣ рақами ягонаи бақайдгирии давлатӣ дода мешавад, ки он нисбат ба ҳамаи коғазҳои қиматноки эмиссионии барориши мазкур паҳн мегардад. Барориши коғазҳои қиматноки эмиссионӣ бо роҳи бақайдгирии тарҳи барориш амалӣ карда мешавад;

барориши иловагии коғазҳои қиматноки эмиссионӣ – маҷмӯи коғазҳои қиматнок, ки иловатан ба коғазҳои қиматноки пештар паҳнгардида паҳн карда мешаванд;

бастаи калони саҳмияҳо – 5 фоиз ва зиёда аз он саҳмияҳои оддии аз тарафи ҷамъияти саҳомӣ баровардашуда;

– бастаи саҳмияҳои назоратӣ – беш аз 50 фоизи саҳмияҳои оддии аз тарафи ҷамъияти саҳомӣ баровардашуда;

биржаи фондӣ – шахси ҳуқуқие, ки дар шакли ташкилию ҳуқуқии ҷамъияти саҳомӣ таъсис ёфта, ташкили савдои коғазҳои қиматнокро амалӣ менамояд ва ҷиҳати мусоидат барои бастани аҳдҳо бо коғазҳои қиматнок бо роҳи истифодаи низоми савдои биржаи фондӣ хизмат мерасонад; (ҚҶТ аз 23.11.15 с., № 1255)

бозори аввалияи коғазҳои қиматнок – муносибатҳое, ки дар раванди аз ҷониби эмитент бегонакунии коғазҳои қиматнок ба соҳибони аввал тавассути бастани аҳди граждании ҳуқуқӣ ба роҳ монда мешаванд;

бозори муташаккили коғазҳои қиматнок – доираи гардиши коғазҳои қиматнок, ки дар он аҳдҳо бо коғазҳои қиматнок бо расмиёт ва шартҳое танзим мешаванд, ки ташкилкунандаи савдо барои иштирокчиёни ин аҳдҳо мутобиқи қонунгузорӣ муқаррар кардааст;

бозори номуташаккили коғазҳои қиматнок – доираи гардиши коғазҳои қиматнок, ки дар он аҳд бо коғазҳои қиматнок бе риояи талаботи бозори муташаккил амалӣ карда мешавад;

бозори такрории коғазҳои қиматнок – муносибатҳое, ки дар раванди муомилоти коғазҳои қиматноки пештар баровардашуда байни субъектҳои бозори коғазҳои қиматнок сурат мегиранд, ба истиснои муносибатҳо дар бозори аввалияи коғазҳои қиматнок;

вомбарг – коғази қиматноки эмиссионӣ мебошад, ки ҳуқуқи дорандаи онро барои аз шахси барорандаи вомбарг дар мӯҳлати дар он пешбинишуда гирифтани арзиши номиналии вомбарг ё дигар молу мулки ба он баробарро тасдиқ менамояд, инчунин ба дорандаи он ҳуқуқи гирифтани фоизи он аз арзиши номиналии вомбарг ё ҳуқуқҳои дигари молумулкиро медиҳад;

гардиши коғазҳои қиматнок – бастани аҳдҳои гражданӣ - ҳуқуқӣ  оид ба  коғазҳои қиматнок дар бозори такрорӣ;

делистинг – расмиёти аз ҷониби биржаи фондӣ хориҷ намудани коғазҳои қиматнок аз рӯйхати нархгузорӣ;

дороиҳои сармоягузорӣ – маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок, дороиҳои дигар, ки мақоми давлатии ваколатдорнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ҳамчун дороиҳои сармоягузорӣ муайян намудааст;

дорандаи номиналӣ – шахс, иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок, ки соҳибмулки коғазҳои қиматнок намебошад, манфиатҳои саҳмдорро нисбат ба коғазҳои қиматнок намояндагӣ мекунад ва иҷрои ҳуқуқҳоро ба онҳо аз номи худ ва бо супориши соҳибмулк дар асоси шартнома амалӣ менамояд;

инсайдер – шахсе, ки бо сабаби соҳибӣ намудани саҳмияҳои (ҳиссаи иштирок дар сармояи оинномавии) эмитент ё шахси бонуфузи он, аъзогӣ дар мақоми идоракунии эмитент ё шахси бонуфузи он, бастани шартномаи меҳнатӣ ё шартномаи граждании ҳуқуқӣ бо эмитент ё бо шахси бонуфузи он, ваколатҳои ба ӯ ҳамчун мансабдори мақоми давлатӣ додашуда, инчунин дар ҳолатҳои дигари бо қонунгузорӣ муқарраргардида ба маълумоти инсайдерӣ дастрасӣ дорад;

иттилооти махфӣ – ҳама гуна иттилооте, ки оммавӣ (кушода) набуда, ошкор кардани он метавонад ба нархи бозории коғазҳои қиматноки баровардаи эмитент, аҳдҳо бо онҳо, ба худи эмитент ва фаъолияти он, инчунин ба шахсони дигаре, ки иттилооти мазкур ба онҳо дахл дорад, таъсир мерасонад;

иттилооти ба ҳама дастрас дар бозори коғазҳои қиматнок – маълумоте, ки мувофиқи Қонуни мазкур бояд ошкор карда шавад;

иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок – шахси ҳуқуқие, ки дорои иҷозатнома барои амалӣ намудани як ё якчанд намудҳои фаъолияти касбӣ дар бозори коғазҳои қиматнок мебошад;

иҷрои аҳди биржавӣ – иҷрои ҳисобҳо аз рӯи аҳди бо коғазҳои қиматнок дар биржаи фондӣ басташуда тавассути аз ҷониби тарафҳо иҷро кардани ӯҳдадориҳое, ки аз аҳд бармеоянд;

коғази қиматноки эмиссионӣ – коғази қиматноке, ки дар як вақт дорои аломатҳои зерин мебошад: маҷмӯи ҳуқуқҳои молумулкӣ ва ғайримолумулкиро, ки боиси шаҳодат додан, гузашт кардан ва иҷрои қатъӣ бо риояи шакл ва тартибе, ки Қонуни мазкур муқаррар намудааст, дар худ нигоҳ медорад, бо барориш паҳн карда мешавад, андоза ва мӯҳлати  баробари иҷрои ҳуқуқҳоро дар дохили як барориш, новобаста ба вақти ба даст овардани коғази қиматнок, дорад;

коғазҳои қиматноки эмиссионии номӣ – коғазҳои қиматноке, ки маълумот дар бораи соҳибони он ба эмитент дар шакли феҳристи соҳибони коғазҳои қиматнок бояд дастрас бошад, гузариши ҳуқуқҳо ба он ва амалӣ намудани ҳуқуқҳои бо он алоқамандбуда ҳаммонандкунии ҳатмии соҳиби онро талаб менамоянд;

листинг – расмиёти ворид намудани коғазҳои қиматнок ба рӯйхати нархгузории биржаи фондӣ;

маълумоти инсайдерӣ – ҳама гуна маълумот оид ба коғазҳои қиматноки эмиссионӣ ва амалиёт бо онҳо, инчунин дар бораи эмитенти ин коғазҳои қиматнок ва фаъолияти ӯ, ки ба шахсони сеюм маълум нест ва ошкор кардани он ба арзиши бозории ин коғазҳои қиматнок метавонад таъсир расонад;

намуди ғайриҳуҷҷатии коғазҳои қиматноки эмиссионӣ – намуди коғазҳои қиматноки эмиссионӣ, ки соҳиби он дар асоси навиштаҷот дар низоми пешбурди феҳристи соҳибони коғазҳои қиматнок ё дар ҳолати ба нигоҳдорӣ супоридани коғазҳои қиматнок, дар асоси навиштаҷот дар ҳисоби депо муайян карда мешавад;

паҳнкунии коғазҳои қиматнок – бегона кардани коғазҳои қиматноки эмитент ба соҳибони аввал тавассути бастани аҳдҳои граждании ҳуқуқӣ;

пешниҳоди шахсӣ – пешниҳод оид ба паҳнкунӣ ё фурӯш дар бозори коғазҳои қиматнок ба гурӯҳи шахсоне, ки ҳайати он пешакӣ муайян карда шудааст;

пешниҳоди оммавӣ – пешниҳод оид ба паҳнкунӣ ва фурӯши коғазҳои қиматнок, ки ба ҳама гуна шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ манзур гардидааст, ба истиснои пешниҳоди шахсӣ, фурӯши коғазҳои қиматнок дар раванди амалӣ намудани мурофиаи муфлисшавӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, фурӯши коғазҳои қиматнок ҳангоми иҷрои истеҳсолоти судӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

рақами бақайдгирии давлатӣ – коди рақамӣ (ҳарфӣ, аломатӣ), ки барориши мушаххаси (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионии ба қайди давлатӣ гирифташавандаро муайян менамояд;

рӯйхати нархгузорӣ – номгӯи коғазҳои қиматноки эмиссионӣ, ки ба талаботи ташкилкунандагони савдо ҷавобгӯ буда, бо тартиби муқарраргардида ба савдо роҳ дода шудаанд ва нисбати онҳо бо ҳуҷҷатҳои дохилии биржаи фондӣ талаботи махсус (листингӣ) ба коғазҳои қиматнок ва эмитентҳои онҳо муқаррар карда шудааст;

сармоягузор – шахси воқеӣ ва ҳуқуқие, ки маблағгузориро ба коғазҳои қиматнок анҷом медиҳад;

сармоягузори институтсионалӣ – шахси ҳуқуқие, ки маблағҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро бо мақсади сармоягузорӣ ба дороиҳои сармоявӣ ҷалб менамояд;

сармоягузори инфиродӣ – сармоягузоре, ки сармоягузори институтсионалӣ намебошад;

саҳмия – коғази қиматноки эмиссионӣ мебошад, ки ҷамъияти саҳомӣ мебарорад ва вобаста ба намуд ва категория ҳуқуқи саҳмдоронро барои гирифтани суди саҳмия (дивиденд), иштирок дар идоракунии ҷамъияти саҳомӣ, гирифтани қисми молу мулки ҷамъияти саҳомӣ, ки пас аз барҳам додани он боқӣ мемонад, тасдиқ менамояд;

сертификати коғазҳои қиматноки эмиссионӣ – ҳуҷҷате, ки аз ҷониби эмитент бароварда мешавад ва маҷмӯи ҳуқуқҳоро ба миқдори дар сертификат зикргардидаи коғазҳои қиматнок тасдиқ мекунад. Соҳиби коғазҳои қиматнок ҳуқуқ дорад аз эмитент иҷрои ӯҳдадориҳои онро дар асоси чунин сертификат талаб намояд;

низоми савдои биржаи фондӣ – маҷмӯи қоидаҳо, расмиёти гузаронидани савдо, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ҳисоббарор, таъминоти барномавӣ, махзани маълумот, воситаҳои телекоммуникатсионӣ ва таҷҳизоти дигар, ки имконияти бастани аҳдҳо, тақвият додан, нигоҳ доштан, таҳия ва ошкор кардани маълумоти барои бастан ва иҷрои аҳд бо коғазҳои қиматнок зарурро таъмин менамояд;

субъектҳои бозори коғазҳои қиматнок – эмитентҳо, сармоягузорон, иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок, ташкилотҳои худтанзимкунанда, мақомоти ваколатдори давлатӣ мебошанд;

тарҳи барориш – ҳуҷҷате, ки аз ҷониби эмитент бароварда шуда, дорои маълумот дар бораи эмитент, вазъи молиявии он, коғазҳои қиматноки баровардашудаи (баровардашавандаи) он мебошад;

ташкилкунандаи савдо – биржаи фондӣ ва ташкилоти нархгузории бозори ғайрибиржавии коғазҳои қиматнок;

ташкилоти нархгузории бозори ғайрибиржавии коғазҳои қиматнок – шахси ҳуқуқие, ки дар шакли ташкилию ҳуқуқии ҷамъияти саҳомӣ таъсис ёфта, ташкил ва таъмини техникии савдои коғазҳои қиматнокро бо роҳи истифода ва дастгирии низоми мубодилаи нархгузории байни мизоҷони ҳамин ташкилкунандаи савдо  амалӣ менамояд; (ҚҶТ аз 23.11.15 с., № 1255)

ташкилотҳои худтанзимкунандаи иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок – иттиҳодияҳои ихтиёрии иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок, ки мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амал мекунанд;

қарор оид ба барориши коғазҳои қиматнок – ҳуҷҷати дорои  маълумоти кофӣ барои муайян намудани андозаи ҳуқуқҳои коғазҳои қиматнок мебошад;

– қурби коғазҳои қиматнок – нархи харид ва (ё) фурӯши коғазҳои қиматнок, ки аз ҷониби иштирокчии савдо пешниҳод шуда, дар низоми савдои биржаи фондӣ эълон карда шудааст;

шакли ҳуҷҷатии коғазҳои қиматноки эмиссионӣ – шакли коғазҳои қиматноки эмиссионӣ, ки соҳиби онҳо дар асоси пешниҳоди коғазҳои қиматноки ба тарзи муносиб ба расмият даровардашуда ё сертификати коғазҳои қиматнок ё дар ҳолати ба нигоҳдорӣ супоридани онҳо, дар асоси қайд бо ҳисоби депо муайян карда мешавад;

шахси бонуфуз – шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дорои қобилияти ба фаъолияти субъектҳои бозори коғазҳои қиматнок таъсир расонидан  мебошад;

ширкати идоракунанда – иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок, ки аз номи худ ва аз ҳисоби мизоҷони ширкати идоракунанда ба манфиати онҳо фаъолияти идоракунии бовариноки дороиҳои сармоягузориро  амалӣ менамояд;

ширкати оммавӣ – эмитенте, ки коғазҳои қиматноки онро 50 ва зиёда аз он шахсон соҳибӣ мекунанд ва ё эмитенте, ки пешниҳоди оммавии коғазҳои қиматнокро амалӣ намудааст ё амалӣ менамояд. Ҷамъиятҳои саҳомии кушода ширкатҳои оммавӣ мебошанд.

эмиссияи оммавии коғазҳои қиматнок – эмиссияи коғазҳои қиматнок, ки дар баробари  пешниҳоди оммавии коғазҳои қиматнок сурат мегирад;

эмиссияи шахсии коғазҳои қиматнок – эмиссияи коғазҳои қиматнок, ки дар рафти он эмитент коғазҳои қиматноки худро тавассути пешниҳоди шахсӣ мебарорад ва паҳн мекунад;

эмитенти коғазҳои қиматнок – шахси ҳуқуқие, ки барориши коғазҳои қиматнокро мутобиқи қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намуда, аз номи худ ӯҳдадор мешавад, ки ӯҳдадориҳоро дар назди соҳибони коғазҳои қиматнок, ки аз шартҳои барориши коғазҳои қиматнок (минбаъд -эмитент) бармеоянд, иҷро мекунад;

эмиссияи коғазҳои қиматнок – маҷмӯи амалҳои пайдарҳам, ки барои паҳнкунии коғазҳои қиматнок зарур мебошанд.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи бозори коғазҳои қиматнок

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бозори коғазҳои қиматнок ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1373)

 

Моддаи 3. Намудҳои коғазҳои қиматноке, ки барориш ва гардиши онҳо бо Қонуни мазкур

                      танзим карда намешаванд

 

1. Қонуни мазкур барориш ва гардиши намудҳои зерини коғазҳои қиматнокро танзим наменамояд:

- коғазҳои қиматноки давлатӣ ва коғазҳои қиматноке, ки аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон бароварда ё кафолат дода мешаванд;

- сертификати бонкӣ;

- вексел;

- чек;

- борнома (коносамент).

2. Барориши коғазҳои қиматноки дар моддаи мазкур пешбинигардида, ба истиснои сертификати бонкӣ мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Барориши сертификати бонкӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад.

3. Гардиши коғазҳои қиматноки давлатӣ дар бозор баробари дигар коғазҳои қиматнок амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 4. Тавсифоти асосии саҳмияҳо

 

1. Ҳадди ақали арзиши номиналии саҳмияҳо 1 сомонӣ мебошад. Арзиши номиналии саҳмияҳои зиёда аз 1 сомонӣ бояд ба ҳадди ақали арзиши номиналии саҳмияҳо бебақия тақсим шавад.

2. Арзиши номиналии саҳмияҳои эмитент-резидентҳо инчунин метавонад бо асъори хориҷӣ ифода ёбад. Арзиши чунин саҳмияҳо дар санаи барориш набояд аз ҳадди ақалли арзиши номиналии саҳмияҳои бо қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда камтар бошад. (ҚҶТ аз 23.11.15 с., № 1255)

3. Саҳмияҳо дар шакли ҳуҷҷатӣ ё ғайриҳуҷҷатӣ бароварда мешаванд.

4. Дар ҳолати барориши шакли ҳуҷҷатӣ, саҳмия бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:

- номи фирмавии эмитент ва макони ҷойгиршавии он;

- номи коғази қиматнок - саҳмия, силсила ва рақами тартибии он, санаи барориш ва рақами сабти давлатӣ, намуди саҳмия (оддӣ ё имтиёзнок) ва арзиши номиналии он, ном ё номгӯи соҳиби саҳмия (барои саҳмияи номӣ) ё ишора оид ба он, ки саҳмия манзурӣ бароварда шудааст;

- мӯҳлати пардохти суди саҳмияҳо (дивидендҳо);

- имзои (факсимили) ду шахси масъули эмитент, шарти гардиш, ном ва суроғаи иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок, ки пешбурд ва нигоҳдории феҳристи дорандагони коғазҳои қиматнокро амалӣ менамояд (дар қисми қафои он).

5. Сертификати саҳмия бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:

- номи коғази қиматнок «(Сертификати саҳмияҳо)», миқдори саҳмияҳои шаҳодатдодаи он, категорияи саҳмияҳо;

- номи фирмавии эмитент ва маҳалли ҷойгиршавии эмитент;

- номи ширкат (барои шахсони ҳуқуқӣ) ё номи (барои шахсони воқеӣ) соҳиби саҳмия (барои сертификатҳои саҳмияҳои номӣ) ё ишора оид ба он, ки саҳмия манзурӣ бароварда шудааст;

- арзиши номиналии як саҳмия, мӯҳлати пардохти суди саҳмияҳо (дивидендҳо);

- маҳал ва санаи барориш, рақами сабти давлатӣ, силсила ва рақами тартибии саҳмия;

- имзои (факсимили) ду шахси ваколатдори эмитент ва номгӯи ҳуқуқҳо аз рӯи саҳмияҳо, инчунин ном ва суроғаи иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматноке, ки пешбурд ва нигоҳдории феҳристи дорандагони коғазҳои қиматноки эмитентро амалӣ менамояд (дар қисми қафои он).

6. Сертификати саҳмия метавонад дар бораи эмитент дигар маълумотҳоро низ дошта бошад.

7. Ба сертификати саҳмия метавонад варақаи купонӣ барои пардохти суди саҳмияҳо (дивидендҳо) замима гардад.

8. Варақаи купонӣ аз ду қисм - худи купон ва талони он иборат мебошад.

9. Купон барои пардохти суди саҳмияҳо (дивидендҳо) ҳуқуқи соҳиби саҳмияро барои гирифтани даромад дар шакли суди саҳмия (дивиденд) дар соли дар он ифодаёфта тасдиқ менамояд ва бояд ҷузъиёти асосии зеринро дар бар гирад:

- рақами тартибии сабти купон барои пардохти дивидендҳо;

- рақами сабти давлатии саҳмия, силсила ва рақами тартибии саҳмия, ки аз рӯи он суди саҳмияҳо (дивидендҳо) пардохт карда мешавад;

- номи эмитент;

- маҳал ва санаи барориши саҳмия;

- соли пардохти суди саҳмияҳо (дивидендҳо), имзои (факсимили) шахсони ваколатдори эмитенти саҳмия.

10. Талони варақаи купонӣ ҳуқуқи соҳиби саҳмияро ба гирифтани варақаи нави купонӣ баъд аз пардохти тамоми купонҳо тасдиқ менамояд ва бояд ҷузъиёти асосии зеринро дар бар гирад:

- рақами тартибии сабти саҳмия, силсила ва рақами тартибии саҳмияе, ки мувофиқи он суди саҳмияҳо (дивидендҳо) пардохт карда мешавад;

- номи эмитент;

- маҳал ва санаи барориши саҳмия;

- имзоҳои (факсимили) шахсони ваколатдори эмитенти саҳмия.

11. Саҳмия тақсимнашаванда аст. Дар сурати ба якчанд шахс тааллуқ доштани ҳамон як саҳмия, он моликияти муштараки ҳамаи онҳо дониста мешавад.

12. Соҳибони саҳмия метавонанд ҳуқуқҳои худро ба воситаи яке аз онҳо ё тавассути намояндаи умумӣ амалӣ намоянд.

 

Моддаи 5. Тавсифоти асосии вомбаргҳо

 

1. Вомбаргҳо аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ бароварда шуда, арзиши ягонаи номиналӣ ва шартҳои якхелаи барориш ва пардохт доранд.

2. Ҳадди ақали арзиши номиналии вомбаргҳо 10 сомонӣ мебошад. Арзиши номиналии вомбаргҳои зиёда аз 10 сомонӣ бояд ба ҳадди ақали арзиши номиналии вомбаргҳо бебақия тақсим шавад.

3. Арзиши номиналии вомбаргҳои эмитент-резидентҳо инчунин метавонад бо асъори хориҷӣ ифода ёбад. Арзиши чунин вомбаргҳо дар санаи барориш набояд аз ҳадди ақалли арзиши номиналии вомбаргҳои дар қисми 2 ҳамин модда пешбинишуда камтар бошад. (ҚҶТ аз 23.11.15 с., № 1255);

4. Шартҳои барориш ва паҳнкунии вомбаргҳоро Қонуни мазкур ва оинномаҳои ташкилотҳо (эмитентҳо) муайян мекунанд.

5. Вомбаргҳо дар шакли ҳуҷҷатӣ ё ғайриҳуҷҷатӣ бароварда мешаванд.

6. Вомбаргҳо метавонанд номӣ ва манзурӣ бароварда шаванд.

7. Дар ҳолати барориши шакли ҳуҷҷатӣ, вомбарг бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:

- номи коғази қиматнок ("Вомбарг)", номи фирмавӣ ва маҳалли ҷойгиршавии эмитенти вомбарг, номи фирмавӣ ё номи соҳиби вомбарг ё навиштаҷот оид ба он, ки манзурӣ бароварда шудааст, арзиши номиналӣ;

- андозаи фоизҳо, агар он пешбинӣ шуда бошад;

- тартиб, мӯҳлати пардохти он ва пардохти фоизҳо;

- макон ва санаи барориш, инчунин рақами сабти давлатӣ, силсила ва рақами тартибии вомбарг;

- имзои (факсимили) ду шахси ваколатдори эмитент ва ҳуқуқҳое, ки аз вомбарг бармеоянд, инчунин ном ва суроғаи иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок, ки пешбурд ва нигоҳдории феҳристи соҳибони вомбаргҳоро амалӣ менамоянд.

8. Сертификати вомбарг метавонад маълумоти дигарро низ дар бораи эмитент дар бар гирад.

9. Ба ғайр аз қисми асосӣ ба вомбарг варақаи купонӣ барои пардохти фоизҳо метавонад замима гардад.

 

БОБИ 2.

ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ БОЗОРИ КОҒАЗҲОИ ҚИМАТНОК

 

Моддаи 6. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок

 

1. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок мақоми идоракунии давлатӣ мебошад, ки сиёсати ягонаи давлатиро дар бозори коғазҳои қиматнок мегузаронад, танзим ва назорати фаъолияти субъектҳои бозори коғазҳои қиматнокро амалӣ менамояд, ҳифзи ҳуқуқҳои сармоягузоронро таъмин менамояд, инчунин дигар вазифаҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд.

2. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуда, тартиби фаъолияти он бо Қонуни мазкур муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 7. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои

                      қиматнок

 

Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок ваколатҳои зеринро иҷро мекунад:

– самтҳои асосии рушди бозори коғазҳои қиматнокро муайян менамояд ва фаъолияти мақомоти давлатиро оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок ҳамоҳанг месозад;

– талаботро нисбат ба иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок бо мақсади таъсис додани бозори миллии коғазҳои қиматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд;

– барориши коғазҳои қиматноки эмиссиониро ба қайд мегирад;

– стандартҳо ва қоидаҳои якхелашудаи амалисозии фаъолияти касбиро бо коғазҳои қиматнок, амалиёт бо коғазҳои қиматнок, ошкор сохтани маълумот аз ҷониби ҷамъиятҳои саҳомӣ ва иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок таҳия ва тасдиқ менамояд;

– талаботро ҷиҳати таъсис додани бозори миллии коғазҳои қиматнок бо мақсади таъмини амали самаранок ва шаффофи он муқаррар менамояд;

– маҳакҳои (меъёрҳои) устувории молиявиеро, ки риояи онҳо аз ҷониби иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок ҳатмӣ мебошад, таҳия намуда, талаботро оид ба риояи онҳо муқаррар менамояд;

– мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти касбӣ бо коғазҳои қиматнок иҷозатнома медиҳад;

– Феҳристи ягонаи давлатии коғазҳои қиматнокро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш мебарад;

– феҳристи иҷозатномаҳои додашуда, боздошташуда ва бекоркардашудаи иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнокро пеш мебарад;

– аз ҷониби иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок ва ҷамъиятҳои саҳомӣ риоя гардидани талаботи қонунгузорӣ дар бораи коғазҳои қиматнокро назорат мебарад;

– бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок, ташкилотҳои худтанзимшавандаи иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок ва ҷамъиятҳои саҳомиро оид ба риоя гардидани талаботи Қонуни мазкур  месанҷад;

– нисбат ба иштирокчиёни касбӣ ва ҷамъиятҳои саҳомӣ, ки Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бозори коғазҳои қиматнокро танзим менамоянд, вайрон кардаанд, чораҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро меандешад;

– фаъолияти шахсонеро ки, дар бозори коғазҳои қиматнок бе иҷозатномаи дахлдор ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, пешгирӣ менамояд;

– ба рушд ва дастгирии адолат, самаранокӣ, рақобат ва тартиб дар бозори коғазҳои қиматноки Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд;

– бо мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо мақомоти давлатии хориҷӣ, ки бозори коғазҳои қиматнокро танзим менамоянд, ҳамкорӣ менамояд;

– манфиатҳои қонунии сармоягузоронро дар бозори коғазҳои қиматноки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз менамояд;

– ба баланд бардоштани сатҳи касбии иштирокчиёни бозори  коғазҳои қиматнок мусоидат менамояд;

– оид ба масъалаҳои рушди бозори коғазҳои қиматнок тадқиқот мегузаронад;

– талаботи тахассусиро нисбат ба шахсон ва ташкилотҳое, ки фаъолияти касбиро бо коғазҳои қиматнок анҷом медиҳанд, тасдиқ менамояд;

– масъалаҳои вобаста ба танзими бозори коғазҳои қиматнокро шарҳу эзоҳ медиҳад, тавсияҳои методии дахлдорро таҳия менамояд;

– мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бақайдгирии тарҳи барориши коғазҳои қиматноки ғайридавлатӣ боҷи давлатӣ меситонад ва дигар хизматрасониҳои пулакиро анҷом медиҳад;

– тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» дар бораи ҳама гуна аҳд ва амалиёти шубҳаноки субъектони бозори коғазҳои қиматнок ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм хабар медиҳад. Пешниҳоди чунин маълумот ошкор намудани сирри тиҷоратӣ ва  иттилооти махфии бо қонун ҳифзшаванда шуморида намешавад; (ҚҶТ аз 14.03.14с., № 1076)

– ваколатҳои дигари танзими давлатии муносибатҳои дар бозори коғазҳои қиматнок гузошташударо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

 

Моддаи 8. Ҳуқуқҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳ