ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2012 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2024 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1993 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Кодекс 1999 КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2010

-A A +A
Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар Санаи интишор: Дшб, 25/01/2021 - 11:42
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
561
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
14.11.2009
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2010
 
(Қонуни ҶТ аз 30.04.2010 № 605, аз 10.06.2010 № 606, аз 7.10.2010 № 637, аз 9.11.2010 № 638, аз 15.01.2011 № 682)
 
Моддаи 1. Ҳаҷми умумии Буҷети давлатии "Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи 6536799 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад, аз ҷумла:
- даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби воридоти андозию ғайриандозӣ ва грантҳо 4810000 ҳазор сомонӣ;
аз онҳо:
воридоти андозӣ - 4355081 ҳазор сомонӣ;
воридоти ғайриандозӣ - 251369 ҳазор сомонӣ;
грантҳо барои дастгирии буҷет - 203550 ҳазор сомонӣ;
- буҷети лоиҳаҳои инвеститсионӣ, ки якҷоя бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ татбиқ мегардад - 1442870 ҳазор сомонӣ;
аз онҳо:
қарзҳо - 818841 ҳазор сомонӣ;
грантҳо - 322754 ҳазор сомонӣ;
қарзҳои давлатӣ барои амалӣ намудани лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар бахшҳои энергетика ва нақлиёт - 301275 ҳазор сомонӣ;
- маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ - 283929 ҳазор сомонӣ.
 
Моддаи 2. Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010 ба маблағи 6781799 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад, аз ҷумла барои маблағгузории:
- мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ - 443214 ҳазор сомонӣ;
- мудофиа - (на барои нашр)
- мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
ва тартиботи ҳуқуқӣ - (на барои нашр)
-маориф - 1068341 ҳазор сомонӣ;
- нигоҳдории тандурустӣ - 403861 ҳазор сомонӣ;
- ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ - 1061750 ҳазор сомонӣ;
- чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ ва солимгардонӣ - 213710 ҳазор сомонӣ;
- хоҷагии манзилию коммуналӣ ва ҳифзи муҳити зист - 394415 ҳазор сомонӣ;
- комплекси сўзишворию энергетикӣ - 1072806 ҳазор сомонӣ;
- соҳаи кишоварзӣ, заминсозӣ ва хоҷагии об - 390743 ҳазор сомонӣ;
- истихроҷ ва коркарди маъдан, саноат истихроҷи маъданҳои кўҳӣ ва сохтмон - 57771 ҳазор сомонӣ;
- нақлиёт ва коммуникатсия - 616409 ҳазор сомонӣ;
- пардохти фоизи қарзҳои давлатӣ - 162035 ҳазор сомонӣ;
- дигар соҳаҳои иқтисодиёт ва хизматрасонӣ - 50891 ҳазор сомонӣ;
- хароҷоти дигар - 245955 ҳазор сомонӣ;
аз ҷумла:
баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда - 16500 ҳазор сомонӣ.
 
Моддаи 3. Андозаи ниҳоии касри Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010 ба андозаи 1,0 фоизи Маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ё ба маблағи 245000 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Манбаи пўшонидани касри буҷет ба таври зайл муайян карда шавад:
- даромад аз хусусигардонии моликияти давлатӣ - 15 000 ҳазор сомонӣ;
- даромад аз фурўши векселҳои хазинадорӣ - 15 000 ҳазор сомонӣ;
- аз ҳисоби дарёфт намудани даромадҳои иловагӣ, депозитҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва қарзи (гранти) барномавӣ аз институтҳои байналмилалии молиявӣ - 215 000 ҳазор сомонӣ;
Маблағгузории пардохти қарзи асосии берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 0,7 фоизи Маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ё ба маблағи 160890 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби қарзҳои (грантҳои) барномавии Бонки Осиёгии рушд, Бонки Умумиҷаҳонӣ ва депозитҳои буҷети ҷумҳуриявӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон ба 1 январи соли 2010 муайян карда шавад.
 
Моддаи 4. Буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2010 аз рўи даромад ба маблағи 2922292 ҳазор сомонӣ ва аз рўи хароҷот ба маблағи 3167292 ҳазор сомонӣ ва касри он ба маблағи 245000 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
 
Моддаи 5. Дар соли 2010 ҳаҷми буҷетҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз рўи даромад бо дарназардошти субвенсияе, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо карда мешавад, ба маблағи 1640119 ҳазор сомонӣ ва хароҷот ба маблағи 1640119 ҳазор сомонӣ муайян карда шавад.
 
Моддаи 6. Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа барои соли 2010 аз рўи даромад ба маблағи 770000 ҳазор сомонӣ ва хароҷот ба маблағи 785000 ҳазор сомонӣ бо барзиёдии хароҷот нисбат ба даромад ба маблағи 15000 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад. Касри буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ пўшонида шавад.
 
Моддаи 7. Дар соли 2010 ба буҷети ҷумҳуриявӣ даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии зерин ворид карда мешаванд:
- андоз аз фурўши нахи пахта ва алюминийи аввалия - 100 фоиз;
- андоз аз маҳсулоти коркарди молҳо - 100 фоиз;
- боҷи гумрукӣ - 100 фоиз;
- андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз, ки ба воситаи мақомоти гумрук ворид мешавад - 100 фоиз;
- дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва даромадҳои ғайриандозии умумидавлатӣ (инчунин муҷозоти молиявии онҳо), хироҷ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон - 100 фоиз;
- аз Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, андоз аз фоида, андози ҳадди ақал аз даромадҳо ва роялти барои об - 100 фоиз;
- аз Бонки миллии Тоҷикистон, корхонаҳои воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик" ва "Роҳи оҳани Тоҷикистон", Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиктелеком" андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз фоида ва андози ҳадди ақал аз даромадҳо - 100 фоиз (Қонуни ҶТ аз 10.06.2010 № 606);
- аз Бонки давлатии амонаттузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" андоз аз фоида ва андози ҳадди ақал аз даромадҳо - 100 фоиз;
- аз марказҳои идораи лоиҳаҳои инвеститсионӣ андози даромад аз шахсони воқеӣ - 100 фоиз.
 
Моддаи 8. Дар соли 2010 ҳиссаҷудокунии маблағ аз андоз ва даромади умумидавлатӣ, ки аз андозсупорандагони дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта ворид мешаванд, ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ аз рўи таносубҳои (фоизҳои) зерин тасдиқ карда мешавад:
- андоз аз арзиши иловашуда:
- ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз вилояти Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Ҳисор) - 100 фоиз;
- аз вилояти Суғд - 61 фоиз ба буҷети вилоят ва 39 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
- аз шаҳри Душанбе - 40 фоиз ба буҷети шаҳр ва 60 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
- аз шаҳри Турсунзода - 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
- аз ноҳияи Ҳисор - 42 фоиз ба буҷети ноҳия ва 58 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
- андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ ва андози ҳадди ақал аз даромадҳо:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз шаҳри Душанбе, шаҳри Турсунзода) - 100 фоиз;
аз шаҳри Душанбе - 40 фоиз ба буҷети шаҳр ва 60 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз шаҳри Турсунзода - 40 фоиз ба буҷети шаҳр ва 60 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
- андози даромад аз шахсони воқеӣ:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз шаҳри Душанбе, шаҳри Турсунзода ва шаҳри Роғун) - 100 фоиз;
аз шаҳри Душанбе - 46 фоиз ба буҷети шаҳр ва 54 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз шаҳри Турсунзода - 60 фоиз ба буҷети шаҳр ва 40 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз шаҳри Роғун - 61 фоиз ба буҷети шаҳр ва 39 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
- андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз вилояти Суғд ва шаҳри Турсунзода, ноҳияи Ҳисор ва ноҳияи Рўдакӣ) - 100 фоиз;
аз вилояти Суғд - 80 фоиз ба буҷети вилоят ва 20 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз шаҳри Турсунзода - 75 фоиз ба буҷети шаҳр ва 25 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз ноҳияи Ҳисор - 50 фоиз ба буҷети ноҳия ва 50 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз ноҳияи Рўдакӣ - 86 фоиз ба буҷети ноҳия ва 14 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
- аксизҳо:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо - 100 фоиз;
- андози замин:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо - 100 фоиз;
- андозе, ки тибқи низоми соддакардашуда пардохта мешавад:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо - 100 фоиз;
- андоз аз истифодабарандагони қаъри замин:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо - 100 фоиз;
- боҷи давлатӣ:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо - 100 фоиз;
- андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо - 100 фоиз;
- андозҳои маҳаллӣ, дигар пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ ва воридоти дигари ғайриандозии маҳаллӣ:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо - 100 фоиз;
- воридоти андозӣ, ки ба буҷети ҷумҳуриявӣ аз шаҳри Душанбе аз нақшаи тасдиқгардида барзиёд дохил шудаанд, ба буҷети шаҳри Душанбе гузаронида шаванд.
 
Моддаи 9. Дар соли 2010 воридоти молҳо ба маблағи 45 млн. сомонӣ, ки номгўй ва ҳаҷми онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, барои ташаккул додан ва пурра кардани Фонди давлатии захираҳои моддии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкили захираҳои сафарбарии давлатӣ равона гардида, аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешавад, ҳамчунин воридоти гази табии ва барқ аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.
 
Моддаи 10. Муқаррар карда шавад, ки дар соли 2010 воридоти гандум (ба истиснои воридоти гандум барои истеҳсоли молҳои зераксизӣ) ва таҳвили он бо андоз аз арзиши иловашуда бо меъёри 10 фоиз андозбандӣ карда мешавад.
 
Моддаи 11. Дар соли 2010 воридоти техника ва нақлиёти коммуналию мусофиркашонӣ, ки номгўй ва миқдори он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад ва аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳри Душанбе харида шуда, барои пурра намудани парки нақлиёти коммуналию мусофиркашонии шаҳри Душанбе равона мегардад, аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад.
Қисмҳо ва ҷузъҳои алоҳида барои васлкунии тракторҳо ва мошинҳои кишоварзӣ, ки барои Ҷамъияти муштараки саҳомии пўшидаи "ТоҷИрон" ворид мегарданд, ҳамчунин воридоти хўроки омехтаи парранда, бланкаҳо, таҷҳизотҳо барои маълумотҷамъкунӣ ва номнавис намудани шиносаномаҳои биометрӣ, 21 км кабели баландшиддати 110 кВ ва таҷҳизоти пайвасткунанда барои Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 30.04.2010 № 605, аз 7.10.2010 № 637).
Муқаррароти банди 5) қисми 6 моддаи 226 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик" татбиқ карда намешавад.
(На барои нашр) (Қонуни ҶТ аз 9.11.2010 № 638).
Воридоти ангиштсанг дар ҳаҷми 6500 тонна барои қонеъ гардонидани талаботи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 9.11.2010 № 638).
Воридоти мазути камсулфур барои эҳтиёҷоти истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Маркази барқу гармидиҳӣ" - и шаҳри Душанбе ба миқдори 30 000 тонна аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шавад (Қонуни ҶТ аз 15.01.2011 № 682).
 
Моддаи 12. Дар соли 2010 иҷрои кор ва хизматрасонии фармоишгарон ва пудратчиёни асосӣ оид ба сохтмони Қасри миллат дар шаҳри Душанбе, Китобхонаи миллӣ дар шаҳри Душанбе, меҳмонхонаҳои "Исмоили Сомонӣ" ва "Сирена Душанбе" воқеъ дар хиёбони Рўдакии шаҳри Душанбе, меҳмонхонаи панҷситорадор воқеъ дар кўчаи Айнии шаҳри Душанбе ва иншооти соҳаи маориф, ки минбаъд ройгон ба моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд, аз пардохти андозҳои зерин озод карда мешаванд:
- андоз аз арзиши иловашуда;
- андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард;
- андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ;
- андози ҳадди ақал аз даромадҳо;
- андози иҷтимоӣ аз шахсоне, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд.
Фармоишгарон ва пудратчиёни асосии объектҳои мазкур (ба истиснои иншооти соҳаи маориф, ки минбаъд ройгон ба моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд) бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
Воридоти молҳо аз ҷониби фармоишгарон ва пудратчиёни асосӣ барои сохтмони иншооти дар ҳамин модда зикршуда (ба истиснои иншооти соҳаи маориф, ки минбаъд ройгон ба моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд) аз андоз аз арзиши иловашуда тибқи номгўй ва дар ҳаҷме, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегарданд, озод карда мешаванд.
Воридоти молҳо аз ҷониби фармоишгарон барои сохтмони иншооти соҳаи маориф, ки минбаъд ройгон ба моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд, аз андоз аз арзиши иловашуда бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда мешаванд.
 
Моддаи 13. Дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2010 даромад аз ҳамаи субъектҳои хоҷагидории дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта ба маблағи умумии 2922292 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад, аз ҷумла:
- андоз аз арзиши иловашуда - 1700221 ҳазор сомонӣ;
- аксизҳо - 206400 ҳазор сомонӣ;
- андоз аз фурўш (нахи пахта ва алюминийи аввалия) - 58832 ҳазор сомонӣ;
- андоз аз маҳсулоти коркарди молҳо - 24316 ҳазор сомонӣ;
- роялти барои об - 33392 ҳазор сомонӣ;
- андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ - 53232 ҳазор сомонӣ;
- андози ҳадди ақал аз даромадҳо - 67533 ҳазор сомонӣ;
- андози даромад аз шахсони воқеӣ - 124760 ҳазор сомонӣ;
- боҷҳои гумрукӣ - 220115 ҳазор сомонӣ;
- андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард - 25759 ҳазор сомонӣ;
- даромадҳои дигари ғайриандозӣ - 204182 ҳазор сомонӣ;
- грантҳои ташкилотҳои байналмилалӣ - 203550 ҳазор сомонӣ.
 
Моддаи 14. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2010 аз рўи тартиби тақсимоти вазифавӣ ба андозаи зерин тасдиқ карда шавад:
Маблағгузории мақомоти ҳокимияти
давлатӣ ва идоракунӣ - 285986 ҳазор сомонӣ;
аз ҷумла:
- мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ - 51589 ҳазор сомонӣ;
- сиёсати молиявӣ ва андозу буҷет - 67327 ҳазор сомонӣ;
- фаъолият дар сиёсати хориҷӣ - 112131 ҳазор сомонӣ;
- мақомоти дигари давлатӣ - 54939 ҳазор сомонӣ;
Мудофиа - (на барои нашр)
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судҳо ва прокуратура - (на барои нашр)
Маориф - 235407 ҳазор сомонӣ;
аз ҷумла:
- таҳсилоти миёна - 65768 ҳазор сомонӣ;
- таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ - 97978 ҳазор сомонӣ;
- фаъолияти дигар дар соҳаи маориф - 71661 ҳазор сомонӣ;
Нигоҳдории тандурустӣ - 74267 ҳазор сомонӣ;
аз ҷумла:
- беморхонаҳо - 48870 ҳазор сомонӣ;
- дармонгоҳҳо - 814 ҳазор сомонӣ;
- ҳифзи саломатии аҳолӣ - 5698 ҳазор сомонӣ;
- фаъолияти дигар дар соҳаи нигоҳдории тандурустӣ - 18885 ҳазор сомонӣ;
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз - 219477 ҳазор сомонӣ;
ҷумла:
- суғуртаи иҷтимоӣ - 136994 ҳазор сомонӣ;
- ҳифзи иҷтимоӣ - 14997 ҳазор сомонӣ;
- фаъолияти дигар дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ - 67486 ҳазор сомонӣ;
Чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ, солимгардонӣ ва ҷамъиятӣ - 145076 ҳазор сомонӣ;
аз ҷумла:
- чорабиниҳои варзишӣ - 2127 ҳазор сомонӣ;
- муассисаҳои фарҳангию маърифатӣ - 22551 ҳазор сомонӣ;
- воситаҳои ахбори омма - 41994 ҳазор сомонӣ;
- фаъолияти дигар дар соҳаи чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ ва варзишӣ - 78404 ҳазор сомонӣ;
Хоҷагии манзилию коммуналӣ ва ҳифзи муҳити зист - 29389 ҳазор сомонӣ;
Комплекси сўзишворию энергетикӣ - 701054 ҳазор сомонӣ;
Соҳаҳои кишоварзӣ, заминсозӣ ва хоҷагии об - 93472 ҳазор сомонӣ;
аз ҷумла:
- хариди доруворӣ бар зидди
касалиҳои чорво ва парранда - 2000 ҳазор сомонӣ;
- барномаи хариди тухмии ғалладона, картошка ва дигар зироатҳои кишоварзӣ - 6000 ҳазор сомонӣ;
- барномаи барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи боғу токпарварӣ - 1500 ҳазор сомонӣ;
- мубориза бар зидди ҳашаротҳои зараррасони соҳаи кишоварзӣ, хариди заҳрхимикатҳо ва таҷҳизоту техника - 4000 ҳазор сомонӣ;
Истихроҷ ва коркарди маъданҳо,саноати истихроҷи маъданҳои кўҳӣ ва сохтмон - 55091 ҳазор сомонӣ;
Нақлиёт ва коммуникатсия - 77195 ҳазор сомонӣ;
Соҳаҳои дигари иқтисодиёт ва хизматрасонӣ - 50297 ҳазор сомонӣ;
Чорабиниҳои дигар - 693701 ҳазор сомонӣ;
аз ҷумла:
- хизматрасонии ўҳдадориҳои қарзӣ - 162035 ҳазор сомонӣ;
аз онҳо:
а) пардохти фоизҳои қарзҳои берунӣ - 140035 ҳазор сомонӣ;
б) пардохти фоизҳои қарзҳои дохилӣ - 22000 ҳазор сомонӣ;
- хароҷоги шаҳри Душанбе барои амалӣ намудани вазифаҳои пойтахт - 7000 ҳазор сомонӣ;
- фонди хароҷоти пешбининашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 20000 ҳазор сомонӣ;
- хароҷоти дигаре, ки аз рўи соҳаҳои иқтисод гўрўҳбандӣ нашудааст - 416666 ҳазор сомонӣ,
аз онҳо:
- баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда - 16500 ҳазор сомонӣ;
- трансфертҳо ба буҷетҳои маҳаллӣ дар намуди маблағҳои мақсаднок (субвенсия) - 292411 ҳазор сомонӣ.
 
Моддаи 15. (на барои нашр).
 
Моддаи 16. Дар соли 2010 хароҷоти вазорату идораҳо, ташкилотҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ аз рўи гурўҳбандии иқтисодӣ дар ҳаҷмҳопи зерин анҷом дода шавад:
а) хароҷоти ҷорӣ - 2159618 ҳазор сомонӣ.
Хароҷот барои молҳо ва хизматрасониҳо - 1425291 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- музди меҳнат ва иловапулиҳо - 472890 ҳазор сомонӣ;
- маблағҷудокунӣ ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа - 65308 ҳазор сомонӣ;
- дигар хариди молҳо ва хизматрасониҳо - 87093 ҳазор сомонӣ,
аз онҳо:
- пардохти хизматрасонии газ, барқ, алоқа ва дигар хизматрасонии коммуналӣ - 66540 ҳазор сомонӣ;
- хариди таҷҳизоти камарзиш, асбобуб анҷом, дигар молҳо ва хизматрасонӣ - 820553 ҳазор сомонӣ;
Пардохти фоизи қарзҳои дохилӣ ва берунӣ - 162523 ҳазор сомонӣ;
Субсидияҳо ва дигар трансфертҳои ҷорӣ - 571804 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- субсидияҳо ва трансфертҳо ба корхонаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ - 46771 ҳазор сомонӣ;
- маблағе, ки ба буҷетҳои маҳаллӣ дар бшакли маблағи мақсаднок дода мешавад - 299411 ҳазор сомонӣ;
- трансфертҳо ба аҳолӣ - 174319 ҳазор сомонӣ,
аз онҳо:
- таъминоти нафақавии сохторҳои қудратӣ ва хизматчиёни давлат - 76823 ҳазор сомонӣ;
- трансфертҳо ба ташкилотҳои хориҷӣ - 51303 ҳазор сомонӣ,
б) хароҷоти асосӣ - 1001144 ҳазор сомонӣ;
аз ҷумла:
- хариди сармояи асосӣ - 51095 ҳазор сомонӣ;
- маблағҳои асосии марказонидашуда - 930300 ҳазор сомонӣ;
- хариди мол барои ташкили захираҳо - 12624 ҳазор сомонӣ;
- трансфертҳои асосӣ - 7125 ҳазор сомонӣ;
в) додани қарз ба муҳоҷирон ва хизматчиёни давлатӣ - 6530 ҳазор сомонӣ.
 
Моддаи 17. Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010 ба маблағи 96000 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
 
Моддаи 18. Муқаррар карда шавад, ки дар соли 2010 20 фоизи маблағҳо аз иҷрои барзиёдии қисми даромади буҷетҳои тасдиқшудаи маҳаллӣ ва 30 фоизи маблағҳо аз иҷрои барзиёдии Қисми даромади буҷети тасдиқшудаи ҷумҳуриявӣ ба "Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт" равона мегарданд.
 
Моддаи 19. Ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки дар соли 2010 бо мақсади зиёд намудани даромади буҷет аз ҳисоби фоизҳо аз рўи депозитҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, ки ба ҳолати 1 январи соли 2010 ба вуҷуд омадаанд, онҳоро дар муассисаҳои бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мўҳлати кўтоҳмуддат дар давраи соли буҷетӣ ҷойгир намояд.
 
Моддаи 20. Дар соли 2010 ба моддаҳои ҳимояшавандаи хароҷот музди меҳнат, маблағҷудокунӣ барои суғуртаи иҷтимоӣ, стипендия, нафақа, ёрдампулӣ, ҷубронпулӣ дохил карда шаванд.
Дар сурати зарурат ва мавҷуд будани сарфа аз рўи моддаҳои хароҷот дар ҳолати набудани қарз аз рўи онҳо, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо метавонанд бо тартиби муқарраргардида дар маблағгузории моддаҳои хароҷот тағйироти дахлдор ворид намоянд.
 
Моддаи 21. Маблағҳои махсуси вазоратҳо, идораҳо, ташкилотҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда дар даромаду хароҷоти ташкилотҳои дахлдори буҷетӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд. Ҳамзамон 20 фоизи маблағҳои махсуси Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 10 фоизи маблағҳои махсуси дигар вазоратҳо, идораҳо ва ташкилотҳо ҳар семоҳа ба даромади буҷетҳои дахлдор, ба истиснои маблағҳои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёна ва олии касбӣ, муассисаҳои тандурустӣ дар ноҳияҳои таҷрибавӣ, инчунин маблағҳои гранту мададгорӣ (спонсорӣ), ки барои чорабиниҳои дорои хусусияти ғайритиҷоратӣ пешниҳод мегарданд, дохил карда мешаванд.
Ба муассисаҳои буҷетӣ истифодабарии маблағҳои махсус (ба истиснои маблағҳои грант ва сарпарастӣ) берун аз низоми хазинадорӣ манъ карда шавад. Дар ҳолати вайрон намудани тартиби мазкур маблағҳои махсус 100 фоиз ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ ситонида мешаванд.
Ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад, ки дар ҳолати аз ҳаҷми маблағҳои дар Буҷети давлатӣ тасдиқшуда, кам ё зиёд ворид гардидани маблағҳои махсуси муассисаҳои буҷетӣ дар сметаи даромад ва хароҷоти онҳо ва дар қисми даромад ва хароҷоти Буҷети давлатӣ тағйироти дахлдор ворид намояд.
 
Моддаи 22. Дар соли 2010 дар ҳолати иҷро нагардидани Буҷети давлатӣ маблағгузории хароҷоти дар буҷет пешбинишудаи вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, ки маблағҳои махсус доранд, аз ҳисоби ин маблағҳо амалӣ карда шавад.
 
Моддаи 23. Дар соли 2010 40 фоизи маблағҳои аз додани сертификат бадастовардаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида шуда, аз андозбандӣ озод мебошад. 60 фоизи маблағҳо аз ҳисоби додани сертификат дар ихтиёри Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон монда, тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандӣ карда шавад.
 
Моддаи 24. Дар соли 2010 маблағҳое, ки аз ҳисоби хизматрасонии консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии бурунмарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд, дар сметаи даромаду хароҷоти идораҳои мазкур ба ҳисоб гирифта шуда, барои маблағгузории фаъолияти онҳо равона карда мешаванд.
Бақияи маблағҳои буҷетӣ ва маблағҳои махсуси дар суратҳисобҳои намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии бурунмарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба 1 январи соли 2010 ба вуҷуд омаданд, хусусияти мақсаднок дошта, барои маблағгузории хароҷоти соли 2010 равона карда мешаванд.
 
Моддаи 25. Имтиёзи рафтуомад ба маҳалли гузаронидани рухсатӣ барои хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи марказии ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъмини амволи махсуси назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар идораҳое, ки барои хизматчиёни онҳо дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин имтиёз пешбинӣ шудааст, як маротиба дар як сол ва танҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда пардохта мешавад.
 
Моддаи 26. (на барои нашр).
 
Моддаи 27. Пардохти ҷубронпулӣ дар сурати бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати казармавӣ гузаронидани хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, кормандони дигар мақомоте, ки дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амният иштирок мекунанд, дар доираи маблағи фонди музди меҳнат, ки тибқи Қонуни мазкур дар сметаи хароҷот барои ҳамин вазорату идораҳо тасдиқ шудааст, анҷом дода мешавад.
 
Моддаи 28. Ҳаҷми маблағҳои мақсаднок (субвенсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ба маблағи 292411 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад, аз ҷумла барои:
- Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон - 67171 ҳазор сомонӣ;
- вилояти Хатлон - 150367 ҳазор сомонӣ;
- шаҳри Ваҳдат - 9822 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Варзоб - 4557 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Рашт - 11285 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Ҷиргатол - 10679 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Нуробод - 8812 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Тавилдара - 5669 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Тоҷикобод - 6597 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Файзобод - 8411 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Шаҳринав - 9041 ҳазор сомонӣ.
Маблағҳои мақсаднок (субвенсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои мувозинати даромад ва хароҷот ҷудо карда мешаванд.
 
Моддаи 29. Пули нақди гардони кассавии буҷети ҷумҳуриявӣ ба 1 январи соли 2011 ба маблағи 120000 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
 
Моддаи 30. Аз 1 январи соли 2010 тамоми амалиёти молиявии буҷетҳои маҳаллӣ, ки тавассути Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" гузаронида мешаванд, ба тариқи музднок анҷом дода мешаванд. Инчунин аз рўи ҳамаи депозитҳои мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" ҷойгир карда мешаванд, барои истифодаи онҳо аз ҷониби бонки мазкур бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фоиз дода мешавад.
 
Моддаи 31. Аз 1 январи соли 2010 барои ҳавасмандгардонии кормандон ва инкишофи заминаи моддию техникии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 60 фоизи маблағи умумии пинҳонкардашудаи (кам нишондодашудаи) андозҳо ва ҷаримаҳои дар рафти корҳои назоратӣ ошкоргардида ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 60 фоизи хироҷҳои гумрукӣ ба Хадамоти гумрукии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равон карда мешаванд. Маблағҳои зикргардида бо тартиби марказонидашуда 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ ворид гардида, барои маблағгузории тадбирҳои дар моддаи мазкур пешбинишуда истифода мешаванд ва тартиби дар моддаи 21 Қонуни мазкур пешбинигардида нисбати онҳо татбиқ намегардад.
 
Моддаи 32. Аз 1 январи соли 2010 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷиҳати ҳисобкунии андозҳо, боҷҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ, муҷозотҳои ҷаримавӣ ва пардохтҳои иҷтимоӣ, инчунин барои ҳисобкунии ин ё он бузургиҳои арзишии ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ), ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд, дар ҳаҷми 35 сомонӣ муқаррар карда шавад.
 
Моддаи 33. Муқаррар карда шавад, ки хароҷот аз рўи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар соли 2010 қабулгардида, ки захираҳои молиявии иловагиро талаб менамоянд, дар буҷети солҳои оянда пешбинӣ карда мешаванд.
 
Моддаи 34. Муқаррар карда шавад, ки иҷрои ҳалномаҳои судӣ дар бораи рўёнидани зарари моддию маънавӣ, ки аз тарафи кормандони мақомоти идоракунии давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми адои вазифаҳои хизматӣ расонида шудааст, аз ҳисоби маблағҳои сметаи хароҷоти онҳо амалӣ карда мешавад.
 
Моддаи 35. Муқаррар карда шавад, ки дар соли 2010 хизматрасонии қарзҳои берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Ҷумҳурии Ўзбекистон аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва "Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт" амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 9.11.2010 № 638).
Дар соли 2010 даромади Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" аз истифодабарии минтақаи роҳи оҳани "Конибодом-Бекобод" тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 9.11.2010 № 638).
 
Моддаи 36. Ҳисобот оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2008 аз рўи даромад ба маблағи 5231434 ҳазор сомонӣ, аз рўи хароҷот ба маблағи 4823825 ҳазор сомонӣ бо барзиёдии даромад нисбати хароҷот ба маблағи 407609 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Хароҷоти воқеии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2008 барои пардохти ўҳдадориҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пардохти қарзи асосии берунӣ ба маблағи 105815 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
 
Моддаи 37. Дар мавриди барзиёд ё кам иҷро гардидани қисми даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба қисми даромад ва хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба қисми даромад ва хароҷоти Буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2010 мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" бе тағйири ҳаҷми касри буҷет тағйирот ворид намояд.
Бо сабаби тағйир ёфтани ҳаҷми истеҳсолот (кор ва хизматрасонӣ), андозаи нархҳо ва тағйирёбии сохторӣ, инчунин заминаи андозбандӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулнамудаи мақомоти давлатӣ бармеоянд, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида дар ҳисобҳои байниҳамдигарии буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ тағйирот ворид менамояд.
 
Моддаи 38. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2010 мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                      Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе,
 
14 ноябри соли 2009
№ 561