ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1892 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОҲИПАРВАРӢ, МОҲИГИРӢ ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ МОҲӢ Маҷлиси Олии ҶТ 19.07.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1874 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ Маҷлиси Олии ҶТ 08.06.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1873 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТЕҲСОЛОТИ ИҶРО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 08.06.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҶАМЪИЯТИ ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 10/02/2020 - 10:36
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
592
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
12.01.2010
                                                ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
                             ДАР БОРАИ ҶАМЪИЯТИ ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН
(Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 923, Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2081)
Қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқии фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, шаклҳои дастгирии Ҷамъияти мазкурро аз тарафи мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои дигар муайян намуда, муносибатҳои мутақобилаи онҳоро танзим мекунад. (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2081)
                                                БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон
1. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон қисми таркибии Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, узви Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, иттиҳодияи ҷамъиятии ихтиёрӣ, ташкилоти худидораи ғайритиҷоратӣ буда, бо ташаббуси шаҳрвандон, дар асоси умумияти манфиатҳо барои муштаракона баҷо овардани вазифаҳои амалӣ гардонидани ғояҳои башардӯстона ва ғамхорӣ кардан дар ҳаққи одамон бо роҳи таъмини ҳифзи иҷтмоии шаҳрвандон, ҳамчунин дастгирии фаъолияти башардӯстонаи мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот созмон дода шудааст (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 923, Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2081).
2. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона ташкилоти миллии Ҳилоли Аҳмар эътироф шуда, фаъолияти худро дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонад. Номҳои "Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон" ва "Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон" ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон тааллуқ дошта, ҳаммаъно мебошанд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 923,Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2081).
3. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷамъияти ихтиёрӣ эътироф гардидааст, мутобиқи Конвенсияҳои Женева аз 12 августи соли 1949 дар бораи беҳбудӣ бахшидан ба сарнавишти маҷруҳон ва беморон дар артишҳои амалкунанда, дар бораи беҳбудӣ бахшидан ба сарнавишти маҷруҳон, беморон ва киштишикастагон аз ҳайати неруҳои мусаллаҳ дар баҳр, дар бораи муносибат бо асирони ҳарбӣ, дар бораи ҳимояи аҳолии мулкӣ дар замони ҷанг (минбаъд - Конвенсияҳои Женева (с.1949), Протоколи иловагӣ ба Конвенсияҳои Женева аз 12 августи соли 1949 оид ба ҳимояи қурбониҳои низоъҳои мусаллаҳонаи байналмилалӣ, Протоколи иловагӣ ба Конвенсияҳои Женева аз 12 августи соли 1949 оид ба ҳимояи қурбониҳои низоъҳои мусаллаҳонаи дохилӣ (ғайрибайналмилалӣ), (минбаъд- Протоколҳои иловагӣ (с.1977) ба мақомоти давлатӣ дар фаъолияти башардӯстона мусоидат менамояд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 923,Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2081).
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 923, Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2081).
Моддаи 3. Вазъи ҳуқуқии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҳамчун иттиҳодияи ҷамъиятии ихтиёрии ҷумҳуриявӣ, ба ҳайси шахси ҳуқуқӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, дар асоси умумияти манфиатҳои шаҳрвандон бо мақсади сабук намудани азияти одамон, ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, кумак расонидан ба ҷабрдидагони задухӯрдҳои мусаллаҳона ва шахсони аз ҳолатҳои фавқулода ва техногенӣ зарардида, ҳамкорӣ дар иҷрои вазифаҳое, ки аз Конвенсияҳои Женева (с.1949), Протоколҳои иловагӣ (с.1977) бармеоянд, тарғиби ҳуқуқи башардӯстонаи байналмилалӣ ва принсипҳои асосии Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, инчунин баланд бардоштани маърифати аҳолӣ дар соҳаи ҳифзи саломатӣ фаъолият мекунад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 923,Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2081).
Моддаи 4. Оинномаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дорои Оиннома буда, мутобиқи он фаъолият менамояд. Дар Оинномаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон тартиби ташкили он, ташаккули мақомоти роҳбарикунанда ва назоратӣ, сохторҳои ташкилӣ, шароит ва тартиби ба узвияти ҷамъият қабул намудан, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои аъзо ва инчунин дигар маълумоте, ки ба иҷрои фаъолияти 6н алоқаманд аст, муайян мешаванд. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон мутобиқи Оиннома ва низомномаҳои тасдиқшуда фаъолият менамояд. Оинномаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар анҷумани Ҷамъияти мазкур тасдиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2081).
Моддаи 5. Принсипҳои фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон
1. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар фаъолияти худ принсипҳои асосии зерини Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмарро ба роҳбарӣ мегирад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2081):
- башардӯстӣ - Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (минбаъд-Ҳаракат), ки баҳри кумакрасонӣ бидуни истисно ба ҳамаи маҷруҳони майдони муҳорибаҳо созмон дода шудааст, бо истифодаи ҳамаи имкониятҳояш дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ ба пешгирӣ ва сабукгардонии азоби одамон дар тамоми ҷаҳон кӯшиш мекунад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 923,Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2081);
- беғаразӣ - Ҳаракат аз таассуби миллӣ, нажодӣ, динӣ ва ақидаҳои синфию сиёсӣ озод аст. Он барои сабук кардани азоби одамон мекӯшад, фақат эҳтиёҷмандии онҳоро ба назар мегирад ва пеш аз ҳама ба шахсони аҳволашон хеле вазнин кумак мерасонад(Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2081);
- бетарафӣ - бо мақсади истифода аз эътимоди умум Ҳаракат дар амалиёти ҷангӣ тараферо ҷонибдорӣ намекунад ва ҳеҷ гоҳ ба баҳсу мунозираҳои сиёсӣ, нажодӣ, динӣ ё ғоявӣ дахолат намекунад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 923);
- мустақилӣ - Ҳаракат мустақил аст. Ҷамъиятҳои миллӣ дар амалиёти башардӯстонаи кишварҳояшон нақши мададрасониро иҷро карда, ҳамчун шахсони ҳуқуқии давлатҳои худ барои мутобиқи принсипҳои асосии Ҳаракат амал кардан бояд мухторияти хешро нигоҳ доранд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 923);
- ихтиёрӣ - Ҳаракат ихтиёрӣ ва мақсадаш кумакрасонӣ буда, ҳеҷ гоҳ барои ба даст овардани фоида кӯшиш намекунад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2081);
- ягонагӣ - дар мамлакат танҳо як Ҷамъияти Салиби Сурх ё Ҳилоли Аҳмар арзи вуҷуд дошта метавонад. Он бояд барои ҳама кушода бошад ва фаъолияти башардӯртонаашро дар саросари ҳудуди кишвар анҷом диҳад; (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2081)
- фарогир - Ҳаракат, ки аз ҷамъиятҳои мақому масъулияташон баробар иборат аст, умумиҷаҳонист (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 923).
2. Мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони дигари ҳуқуқӣ, инчунин шахсони воқеӣ уҳдадоранд, ки принсипҳои фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистонро, ки дар қисми 1 ҳамин модда зикр шудаанд, эҳтиром намоянд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 923, Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2081).
Моддаи 6. Вазифаҳои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҳам мустақилона ва ҳам бо ҳамкории мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои зеринро иҷро менамояд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2081):
- дар ташкили донории хун ва ҷузъҳои он дар давраи осоишта ва дар давраи задухӯрдҳои мусаллаҳона иштирок намуда, тарғиботро дар байни аҳолӣ барои ройгон додани хун ва ҷузъҳои он ҷиҳати табобат ба роҳ мемонад;
- дар расонидани кумаки табобатию пешгирӣ ва иҷтимоии шахсони ба он ниёзманд иштирок менамояд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2081);
- баҳри дастрас шудани маводи зарурӣ барои нигоҳубини бемор тавассути шабакаҳои дорутаъминкунии Ҳилоли Аҳмар фаъолият карда, барои нигоҳубини табақаҳои гуногуни аҳолӣ хизмати тиббию иҷтимоии музднок мерасонад;
- барои расонидани кумак ба шахсони бехонумон, гурезаҳо ва табақаҳои дигари аҳолии ниёзманд хадамоти махсус ташкил мекунад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2081);
- бо мақсади ҷустуҷӯи шахсони бе ному нишон гумгашта хадамоти ҷустуҷӯӣ ташкил мекунад, робитаи байни аъзои оилаҳоро, ки дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона, ҳолатҳои фавқулода ва техногенӣ ҷудо шудаанд, барқарор месозад, барои мутаҳидшавии оилаҳо кумак мерасонад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2081);
- қабул, нигоҳдорӣ ва тақсими кумаки башардӯстонаро, ки аз ҷониби Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх, Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх ё Ҳилоли Аҳмари кишварҳои хориҷӣ ва дигар манбаъҳо расонида мешавад, ба роҳ мемонад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2081);
- якҷо бо хадамоти тиббии Қувваҳои Мусаллаҳ, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар ҷузъу томҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақомот ва ҷузъу томҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба маҷруҳон ва беморони зарардидаи давраи задухӯрдҳои мусаллаҳона кумак расонида, бо ҳамин мақсад хадамоти дахлдор ташкил менамояд(Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2081);
- бо мақомот ва ҷузъу томҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба шахсоне, ки дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулода зарар дидаанд, кумак расонида, бо ҳамин мақсад хадамоти дахлдор созмон медиҳад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2081);
- барои истифодаи аломати Ҳилоли Аҳмар ба сифати нишони фарқкунанда ва дар замони осоишта ба сифати нишони ҳимоят иҷозат медиҳад;
- ба мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабул ва ҷойгирондани қурбониёни задухӯрдҳои мусаллаҳона ва инчунин ба шахсоне, ки дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулода осеб дидаанд, кумак мерасонад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2081);
- ба фаъолияти башардӯстонаи мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 923, Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2081);
- ба мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоқикистон барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Конвенсияҳои Женева (с. 1949) ва Протоколҳои иловагӣ (с.1977) бармеоянд, мусоидат мекунад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 923, Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2081);
- таълимот дар бораи ҳуқуқи байналмилалӣ, принсипҳо ва идеалҳои Ҳаракатро паҳн менамояд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 923);
- дар чорабиниҳои ҳифзи саломатии аҳолӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумда дар бобати сабук кардани азияти инсон ва нигоҳубини табақаҳои гуногуни аҳолӣ, инчунин иҷрои барномаҳои худ дар соҳаи маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ иштирок мекунанд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 923,Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2081);
- дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсоне, ки қурбониёни задухӯрдҳои мусаллаҳона буда, инчунин аз ҳолатҳои фавқулода ва техногенӣ зарар дидаанд, расонидани кумакро ташкил менамояд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 923,Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2081);
- тавассути Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ва Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва Ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари кишварҳои хориҷӣ ба қурбониёни задухӯрдҳои мусаллаҳона ва инчунин ба шахсоне, ки дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулода ва техногенӣ дар мамлакатҳои хориҷӣ ҷабр дидаанд, кумак мерасонад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 923, Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2081);
- вазифаҳои дигарро, ки аз принсипҳои асосии Ҳаракат бармеоянд, иҷро менамояд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 923).
Моддаи 7. Самтҳои асосии фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон
Бо мақсади иҷрои вазифаҳое, ки дар моддаи 6 Қонуни мазкур зикр шудаанд, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- дар маърифати санитарӣ ва таълимоти тиббӣ ба аҳолӣ ҷиҳати расонидани кумаки аввалияи тиббӣ ва нигоҳубини беморон дар хона ширкат намуда, дар таъсиси хадамоти марбути тайёр намудани кадрҳо дар ин самти фаъолият ва тайёр намудани ҳайати шахсӣ, ки ба сохторҳои мудофиаи гражданӣ шомиланд, мусоидат мекунад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2081);
- бо мақомоти давлатӣ ҷиҳати таъмини риояи ҳуқуқҳои байналмилалии башарӣ ва ҳимояи нишони Ҳилоли Аҳмар ҳамкорӣ мекунад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 923);
- аломати Ҳилоли Аҳмарро чун нишони фарқкунанда истифода мекунад;
- дар ҳамгирои бо Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх, Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх ё Ҳилоли Аҳмари кишварҳои хориҷӣ ҷиҳати расонидани кумак ба ҷабрдидагони задухӯрдҳои мусаллаҳона ва ба шахсоне, ки дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулода осеб дидаанд, ба фаъолияти башардӯстонаи ин ташкилотҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он ёрӣ мерасонад(Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2081);
- мутобиқи Конвенсияҳои Женева (с.1949) ва Протоколҳои иловагӣ (с.1977) дар давраи осоишта заминаи моддию техникӣ бунёд мекунад ва барои ташкили кори Бюрои миллии маълумотдиҳӣ мутахассисонро таълим медиҳад ва дар давраи задухӯрдҳои мусаллаҳона вазифаҳои онро иҷро менамояд Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 923);
- барои дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор додани маълумот ва иттилоот оид ба ҳуқуқи башардӯстии байналмилалӣ ва принсипҳои асосии Ҳаракат хадамоти дахлдор таъсис медиҳад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 923);
- фаъолияти табъу нашрро амалӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 923);
- вазифаҳои дигарро, ки Конвенсияҳои Женева (с.1949), Протоколҳои иловагӣ (с.1977), ҳуҷҷатҳои Ҳаракат, инчунин Қонуни мазкур ба зиммаи он вогузор намудаанд, иҷро мекунад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 923).
Моддаи 8. Иттилоот оид ба фаъолият
1. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон барои воситаҳои ахбори омма шароит муҳайё мекунад, ки иттилоотро оид ба фаъолият ва ҳисоботи солонааш озодона дастрас намоянд.
2. Инъикоси ҳамаҷонибаи фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон вазифаи ҷамъиятии воситаҳои ахбори омма мебошад.
Моддаи 9. Ҳамкории байналмилалии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон
1. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх, Федератсияи Байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва ташкилотҳои дигари байналмилалии башардӯст, инчунин бо ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх ё Ҳилоли Аҳмари кишварҳои хориҷӣ барои амалӣ гардонидани фаъолияти мутобиқ ба вазифа ва самтҳои асосии дар моддаҳои 6 ва 7 Қонуни мазкур пешбинишуда ҳамкорӣ менамояд.
2. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон фаъолияти байналмилалии башардӯстии худро тибқи муқаррароти шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳое, ки дар доираи Ҳаракат, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи ҷамъият қабул гардидаанд, ба роҳ мемонад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 923).
3. Ҷамъиятҳои миллии хориҷии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар фаъолияти худро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва принсипҳои асосии Ҳаракат дар асоси шартнома бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон амалӣ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 923,Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2081).
Моддаи 10. Истифодаи аломат ва номи Ҳилоли Аҳмар аз тарафи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон
Аломат ва номи Ҳилоли Аҳмар аз тарафи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон мутобиқи Конвенсияҳои Женева (с.1949), Протоколҳои иловагӣ (с.1977), Оинномаи Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар оид ба истифодаи аломат ва бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи истифода ва ҳимояи аломату номҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" истифода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 923, Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2081).
БОБИ 2. ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ ҶАМЪИЯТИ ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 11. Ҳамкории Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад созишнома бандад, ки дар он самтҳои асосӣ ва тарзҳои ҳамкорӣ муайян карда мешаванд.
2. Мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ гардонидани фаъолият мутобиқи вазифа ва самтҳои асосии фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, ки дар моддаҳои 6 ва 7 Қонуни мазкур, инчунин дар асоси фармоиши давлатӣ муайян шудаанд, метавонанд Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва сохторҳои ташкилии онро ҷалб намоянд.
3. Ҳангоми зарурат мақомоти маҳалли ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот маълумоти дар ихтиёрашон бударо, ки барои иҷрои вазифаҳои пешбининамудаи моддаҳои 6 ва 7 Қонуни мазкур лозиманд, ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон пешниҳод менамоянд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 923, Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2081).
4. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ уҳдадоранд ҳамаи маълумоти пешбининамудаи Конвенсияҳои Женева (с.1949) ва Протоколҳои иловагиро (с.1977) оид ба шахсоне, ки тибқи Конвенсияҳо ва Протоколҳои мазкур ниёзманди ҳимоя мебошанд, дар муддати 15 рӯз баъд аз муқаррар кардани сарпарастии ин шахсон пешниҳод намоянд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 923, Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2081).
Моддаи 12. Дастгирии давлатии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон
1. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистонро дар иҷрои вазифаҳои он мутобиқи моддаи 6 Қонуни мазкур бо назардошти чораҳои моддӣ ва ғайра дастгирӣ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 923).
2. Озод намудани Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аз пардохти андозҳо ва боҷҳои гумрукӣ, ҳамчунин кумаки молиявии барномаҳои махсусе, ки ҷавобгӯи вазифаҳои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон мебошанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2081).
Моддаи 13. Маблағгузории фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон
1. Андозаи маблағгузории давлатӣ барои пардохти ҳаққи узвияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, пардохтҳои маблағгузории Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ва барои иҷрои барномаҳои иҷтимоии давлатӣ ҳар сол дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи буҷети давлатӣ муқаррар карда мешавад.
2. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҳуқуқ доранд ташкилотҳои минтақавӣ ва маҳаллии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистонро аз буҷетҳои маҳаллӣ маблағгузорӣ намоянд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 923).
3. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон метавонад хайрия ва кумакҳоро аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар шакл қабул намояд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2081).
4. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон метавонад ҳар навъи моликиятро, ки барои амалӣ намудани вазифа ва ҳадафҳояш лозим медонад, ба даст оварад, молик бошад ва ихтиёрдорӣ кунад.
Моддаи 14. Ҷудо намудани биноҳо барои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон
Биноҳоро барои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва сохторҳои ташкилии он ҷиҳати таъмини фаъолияти онҳо, инчунин ҷойгиронии мақомоти идораи он мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо мекунанд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 923).
Моддаи 15. Моҳвораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон
1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон моҳвораи Ҳилоли Аҳмар гузаронида мешавад, ки ба паҳн кардани ақидаҳои Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва ҷалб кардани таваҷҷуҳ ба барномаҳои фаъолияти Ҷамъияти мазкур равона шудааст. Муҳлат, тартиб ва шартҳои гузаронидани моҳвораи Ҳилоли Аҳмар аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 923, Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2081).
2. Ҷамъияти мазкур дар асоси барномаи гузаронидани моҳвораи Ҳилоли Аҳмар, ки аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, барои гузаронидани чорабиниҳо дар доираи моҳвораи Ҳилоли Аҳмар, аз майдонҳои варзишӣ, боғ ва дигар иншооти фарҳангӣ-иҷтимоӣ истифода карда метавонад.
БОБИ 3. МУҚАРРАРОТИ ҲОТИМАВӢ
Моддаи 16. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 17. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе,
 12 январи соли 2010 № 592