ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҲИМОЯИ ДАВЛАТИИ ИШТИРОКЧИЁНИ МУРОФИАИ СУДИИ ҶИНОЯТӢ
(Ахбори маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2010, №12, мод. 806; аз 03.07.2012с., №865)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиан судии ҷиноятӣ, чораҳои амниятӣ, дастгирии иҷтимоии шахсони номбурда ва тартиби татбиқи онҳоро танзим менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ
Ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ (минбаъд - ҳимояи давлатӣ) тибқи Қонуни мазкур татбиқ намудани чораҳои амниятие, ки ба ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва (ё) молу мулки онҳо (минбаъд - чораҳои амниятӣ) равона гардидаанд, инчунин чораҳои дастгирии иҷтимоии шахсони номбурда (минбаъд - чораҳои дастгирии иҷтимоӣ) бо сабаби иштироки онҳо дар мурофиаи судии ҷиноятӣ мебошанд, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ амалӣ гардонида мешаванд.
Моддаи 2. Шахсоне, ки нисбат ба онҳо чораҳои ҳимояи давлатӣ татбиқ мсгарданд
1. Чораҳои ҳимояи давлатӣ нисбати иштирокчиёни зерини мурофиаи судии ҷиноятӣ татбиқ мегарданд:
- прокурор - айбдоркунандаи давлатӣ;
- ҷабрдида;
- шоҳид;
- айбдоркунандаи хусусӣ;
- гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, маҳкумшуда, сафедшуда, ҳимояттарон ва намояндагони қонунии онҳо, инчунин шахсе, ки нисбати ў парвандаи ҷиноятӣ ё таъқиби ҷиноятӣ қатъ карда шудааст;
- коршинос, мутахассис, тарҷумон, шахси холис, инчунин омўзгор ва равоншинос, ки дар мурофиаи судии ҷиноятӣ иштирок менамоянд;
- даъвогари гражданӣ, ҷавобгари граждапӣ,
- намояндагони қонуни, намояндагони ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва айбдоркунандаи хусусӣ.
2. Чораҳои ҳимояи давлати инчунин метавонанд то оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба арзкунанда, шоҳид ё ҷабрдида аз ҷиноят ё шахсони дигар, ки барои пешгирӣ ва кушодани ҷиноят мусоидат мекунанд, татбиқ гарданд.
3. Ҳимояи давлатӣ, инчунин нисбати хешовандони наздик, ки тибқи муқаррароти Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудаанд ва кирдори зиддиҳуқуқӣ нисбати онҳо бо мақсади таъсир расонидан ба шахсони дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда нишондодашуда содир мешавад, татбиқ мегардад.
4. Шахсони дар қисмҳои 1-3 ҳамин модда нишондодашуда, ки нисбат ба онҳо тибқи тартиби муқаррарнамуда қарор оид ба татбиқ намудани ҳимояи давлатӣ қабул карда шудааст, минбаъд «шахсони ҳимояшаванда» номида мешаванд.
Моддаи 3. Мақомоти таъминкунандаи ҳимояи давлатӣ
1. Мақомоти зерин ҳимояи давлатиро таъмин менамоянд:
- мақомоте, ки оид ба татбиқи ҳимояи давлатӣ қарор қабул менамоянд;
- мақомоте, ки чораҳои амниятиро татбиқ менамоянд;
- мақомоте, ки чораҳои дастгирии иҷтимоиро татбиқ менамоянд.
2. Қарор оид ба татбиқи ҳимояи давлатӣ аз тарафи суд (судя), прокурор, сардори воҳиди таҳқиқ, роҳбари мақомоти амалкунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ё муфаттиш, ки дар истеҳсолоти онҳо ариза ба ҷиноят ё парвандаи ҷиноятӣ қарор доранд, қабул карда мешавад, агар тартиби дигар дар қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ нашуда бошад.(ҚҶТ аз 03.07.2012с., №865)
3. Татбиқи чораҳои амниятӣ ба ўҳдаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назорати маводи нашъаовари Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба парвандаи ҷиноятии дар истеҳсолоти онҳо буда ва ё ба онҳо вобаста кардашуда вогузор карда мешавад. Татбиқи чораҳои алоҳидаи амниятӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба ўҳдаи дигар мақомоти давлатӣ вогузор карда шавад.
4. Чораҳои амниятӣ нисбат ба шахсони ҳимояшаванда оид ба парвандаҳои ҷиноятие, ки дар истеҳсолоти суд ё прокуратура қарор доранд, бо қарори суд (судя) ё прокурор аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти амнияти миллӣ, мақомоти гумрук, мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва мақомоти назоратӣ маводи нашъаоварӣ маҳалли ҷойгиршавии шахси ҳимояшаванда амалӣ мегарданд.
5. Чораҳои амнияти нисбати шахсони ҳимояшавандае, ки хизматчиёни ҳарбӣ мебошанд, аз ҷониби фармондеҳони қисмҳои ҳарбии дахлдор ва ё сарфармондеҳони болоии қисмҳои ҳарбӣ- амалӣ карда мешаванд.(
6. Чораҳои амниятӣ нисбати шахсони ҳимояшаванда, ки дар тавқифгоҳи (изолятора) тафтишотӣ нигоҳ дошта мешаванд, аз ҷониби ҳамин муассиса ва нисбати шахсоне, ки дар маҳалли адои ҷазо қарор доранд, аз ҷониби муассисаҳо ва мақомоти систсмаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд.
7. Чораҳои дастгирии иҷтимоӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
Моддаи 4. Принсипҳои амалӣ намудани ҳимояи давлатӣ
1. Ҳимояи давлатӣ мутобиқи принсипҳои қонуният, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, масъулияти мутақобилаи мақомоте, ки ҳимояи давлатиро таъмин менамоянд, амалӣ мегардад.
2. Ҳимояи давлатӣ таҳти назорати прокурорӣ ва идоравӣ амалӣ мегардад. Зимни амалӣ намудани ҳимояи давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон усулҳои ошкоро ва махфӣ истифода бурда мешаванд.
3. Татбиқи чораҳои амниятӣ набояд ҳуқуқҳои манзилӣ, меҳнатӣ, нафақавӣ ва дигар ҳуқуқҳои шахсони ҳимояшавандаро маҳдуд созад.
Моддаи 5. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
БОБИ 2. НАМУДҲОИ ҲИМОЯИ ДАВЛАТӢ
Моддаи 6. Чораҳои амниятӣ
1. Нисбат ба шахси ҳимояшаванда метавонанд дар як вақт якчанд ё яке аз чораҳои амниятии зерин татбиқ карда шаванд:
- муҳофизони шахсӣ, муҳофизати манзил ва молу мулк;
- додани воситаҳои махсуси мудофиаи шахсӣ, алоқа ва огоҳонӣ аз хавфу хатар;
- таъмини маҳфияти маълумот дар бораи шахси ҳимояшаванда;
- кўчонидан ба маҳалли дигари истиқомати муваққатӣ;
- иваз намудани ҳуҷҷатҳо;
- тағйир додани симои зоҳирӣ;
- дигар кардани ҷои кор (хизмат) ё таҳсил;
- ҷойгиркунонии муваққатӣ дар маҳалли бехатар;
- татбиқ намудани чораҳои амниятии иловагӣ нисбат ба шахси ҳимояшаванда, ки дар ҳабс нигоҳ дошта мешавад ё дар маҳалли адои ҷазо қарор дорад, аз ҷумла гузаронидани ў аз як маҳалли дар ҳабс нигоҳдорӣ ё адои ҷазо ба дигар маҳал.
2. Дар ҳолати мавҷуд будани асосҳои дар моддаи 16 Қонуни мазкур қайдгардида нисбат ба шахси ҳимояшаванда метавонанд чораҳои дигари амниятии пешбининамудаи, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ гарданд.
3. Чораҳои амниятии дар сархатҳои чорум, панҷум, шашум ва ҳафтуми қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда танҳо нисбат ба парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин татбиқ мегарданд.
Моддаи 7. Муҳофизони шахсӣ, муҳофизати манзил ва молу мулки шахси ҳимояшаванда
1. Муҳофизони шахсӣ, муҳофизати манзнл ва молу мулки шахси ҳимояшаванда аз ҷониби мақомоте, ки чораҳои амниятиро татбиқ менамоянд, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешаванд.
2. Манзили ишғолнамудаи шахси ҳимояшаванда ва молу мулки ў метавонанд бо воситаҳои техникии назоратбаранда, инчунин бо бонги зиддисўхтор ва воситаҳои дигари зарурии техникӣ тачҳизонида шаванд.
Моддаи 8. Ба шахси ҳимояшаванда додани воситаҳои махсуси шахсии мудофиа, алоқа ва огоҳонӣ аз хавфу хатар
1. Мақомоте, ки чораҳои амниятиро татбиқ мегардонанд, метавонанд ба шахси ҳимояшаванда воситаҳои махсуси шахсии мудофиа, алоқа ва огоҳонӣ аз хавфу хатарро диҳанд.
2. Намудҳои воситаҳои махсуси шахсии мудофиа, алоқа ва огоҳонӣ аз хавфу хатар, ки ба шахси ҳимояшаванда дода мешаванд, инчунин тартиби додани онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 9. Таъмини махфияти маълумот дар бораи шахси ҳимояшаваида
1. Бо қарори мақоме, ки чораҳои амниятиро татбиқ мегардонад, мумкин аст додани маълумот оид ба шахси ҳимояшаванда аз сарчашмаҳои иттилооту маълумотдиҳии давлатӣ ва дигар сарчашмаҳо манъ карда шавад, инчунин мумкин аст рақамҳои телефон ва нишонаҳои бақайдгирии давлатии воситаҳои нақлиёти аз ҷониби ў истифодашаванда ё ба ў тааллуқдошта тағйир дода шаванд.
2. Дар ҳолатҳои истисноӣ, вобаста ба истеҳсолоти парвандаи дигари ҷиноятӣ ё гражданӣ, маълумот оид ба шахси ҳимояшаванда метавонад ба мақомоти тафтиши пешакӣ, прокурор ё суд дар асоси дархости хаттии прокурор ё суд (судя) бо иҷозати мақоме, ки дар бораи татбиқ намудани ҳимояи давлатӣ қарор қабул кардааст, пешниҳод гардад.
Моддаи 10. Кўчонидани шахси ҳимояшаванда ба маҳалли дигари истиқоматии муваққатӣ, иваз намудани ҳуҷҷатҳо ва тағйир додани симои зоҳирии ў
1. Дар мавриди кўчонидани шахси ҳммояшаванда ба маҳалли дигари истиқоматии муваққатӣ молу мулки манқул ва ғайриманқули шахсии ў таҳти муҳофизат қарор мегирад ва кафолатҳои иҷтимоию иқтисодии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷпкистон бо сабабҳои зикргардида таъмин карда мешаванд.
2. Дар ҳолатҳои истисноӣ мумкин аст ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахси ҳимояшаванда бо тағйир додани ном, номи падар ва фамилияи ў ва дигар маълумот дар борааш, инчунин симои зоҳирии шахси ҳимояшаванда бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иваз карда шаванд.
3. Кўчонидани шахси ҳимояшаванда ба маҳалли дигари истиқоматии муваққатӣ, иваз намудани ҳуҷҷатҳо ва тағйир додани симои зоҳирии ў танҳо бо розигии хаттияш дар ҳолатҳое амалӣ мегарданд, ки агар таъмини бехатарии вай бо роҳи татбиқи дигар чораҳои амниятӣ имконнопазир бошад.
Моддаи 11. Дигар кардан ҷойи кор (хизмат) ё таҳсили шахси ҳимояшаванда
Бо мақсади таъмини амнияти шахси ҳимояшаванда ба ў мумкин аст барои дигар кардани ҷойи кор (хизмят) ё таҳсили муваққатӣ ё доймӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат карда шавад.
Моддаи 12. Ҷойгиркунонии муваққатии шахси ҳимояшаванда дар маҳалли бехатар
Шахси ҳимояшаванда мумкин аст муваққатан дар маҳалле ҷойгир карда шавад, ки ба таъмини бехатарии ў мувофиқ бошад.
Моддаи 13. Таъмини амнияти хизматчии ҳарбӣ
1. Амнияти хизматчии ҳарбӣ, ки шахси ҳимояшаванда ба шумор меравад, бо роҳи татбиқ намудани чораҳои амниятии дар моддаи 6 Қонуни мазкур пешбинишуда, бо назардошти хусусиятҳои адои хизмати ҳарбӣ таъмин мегардад.
2. Бо мақсади таъмини амнияти хизматчии ҳарбӣ инчунин чораҳои зерин татбиқ карда мешаванд:
- равон кардани шахси ҳимояшаванда ба қисми ҳарбии дигар ё муассисаи ҳарбии дигар;
- гузаронидани шахси ҳимояшаванда ба ҷои нави хизмати ҳарбии доимӣ;
- гузаронидан ба қисми ҳарбии дигар ё ба ҷои нави хизмати ҳарбӣ, ки ба қатъ намудани таъмини амнияти минбаъдаи ин шахс монеъ шуда наметавонад;
- чораҳои дигари ҳимоявӣ, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд.
3. Ба ҷои дигари хизмати ҳарбӣ равон кардан ё гузаронидани хизматчии ҳарбие, ки шахси ҳимояшаванда мебошад, бо розигии дар шакли хаттӣ изҳорнамудаи ў амалӣ мегардад. Зимни гузариш хизматчии ҳарбӣ ба вазифаи ҳарбии баробар таъин карда мешавад. Дар ин сурат бояд истифодаи ў аз рўи ихтисоси дар қайди ҳарбии асосӣ буда ё ихтисоси ба он монанд таъмин карда шавад.
Моддаи 14. Таъмини амнияти шахси ҳимояшаванда, ки дар ҳабс ё дар маҳалли адои ҷазо қарор дорад
1. Амнияти шахси химояшаванда, ки дар ҳабс нигоҳ дошта шудааст ё дар маҳалли адои ҷазо дар намуди маҳдуд кардани озодӣ, маҳрум сохтан аз озодӣ, нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интнзоми қарор дорад, бо роҳи нисбат ба ў татбиқ намудани чораҳои амниятии бо сархатҳои сеюм, панҷум, шашум, ҳаштум ва нўҳуми қисми 1 моддаи 6 Қонуни мазкур ё чораҳои дигари бо қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда таъмин мегардад.
2. Бо мақсади таъмини амнияти шахсе, ки дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинӣ гардидааст, инчунин метавонанд чораҳои зерин татбиқ гарданд:
- аз ҳамдигар ҷудо нигоҳ доштани шахси ҳимояшаванда ва шахсе, ки аз ў таҳдиди зўроварӣ бармеояд;
- иваз намудани чораи пешгирӣ ё чораи ҷазо нисбат ба шахси ҳимояшаванда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 15. Чораҳои дастгирии иҷтимоӣ
1. Ҳангоми ҳалокат ё вафоти шахси ҳимояшаванда бо сабаби иштироки ў дар рафти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва мурофиаи судӣ ба аъзои оилаи ҳалокшуда (вафоткарда) ва шахсоне, ки дар таъминоти ў қарор доштанд, бо таъиноти мақоме, ки оид ба татбиқи ҳимояи давлатӣ қарор қабул менамояд, аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ аз рўи тартиб ва андозаи муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрдампулии яквақта дода шуда, бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар бе саробон мондан нафақа таъин карда мешавад.
2. Ҳангоми ба шахси ҳимояшаванда расонидани зарари ҷисмони ё зарари дигар ба саломатии ў бо сабаби иштирок намудан дар рафти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва мурофиаи судӣ, ки боиси маъюбӣ мегардад, ба ў бо таъинотн мақоме, ки оид ба татбиқи ҳимояи давлатӣ қарор қабул менамояд, аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ аз рўи тартиб ва андозаи муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрдампулии яквақта дода шуда, бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар маъюбӣ нафақа таъин карда мешавад.
3. Ҳангоми ба шахси ҳимояшаванда расонидани зарари ҷисмонӣ ё зарари дигар ба саломатии ў бо сабаби иштирок намудан дар рафти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва мурофиаи судӣ, ки боиси маъюби нагаштааст, ба ў бо таъиноти мақоме, ки оид ба татбиқи ҳимояи давлатӣ қарор қабул менамояд, аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ аз рўи тартиб ва андозаи муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрдампулии яквақта дода мешавад.
4. Ба шахсони ҳимояшаванда, ки дар як вақт ба ёрдампулии гуногуни тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтшаванда ҳуқуқ доранд, дар ҳолати расонидани зарари ҷисмонӣ ё зарари дигар ба саломатӣ бо интихоби онҳо як ёрдампулии яквақта таъин карда мешавад.
5. Тартиби пардохти ёрдампулии яквақтаи дар қисмҳои 1 - 4 моддаи мазкур қайдгардида аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
6. Зараре, ки ба молу мулки шахси ҳимояшаванда бо сабаби иштироки ў дар рафти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва мурофиаи судӣ расонида шудааст, аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳои молиявии бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида ҷуброн карда шуда, ин маблағ минбаъд аз ҳисоби шахсе, ки барои расонидани зарар ба молу мулки шахси ҳимояшаванда гунаҳкор аст, бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад.
БОБИ 3. АСОСҲО ВА ТАРТИБИ ТАТБИҚИ ҲИМОЯИ ДАВЛАТӢ
Моддаи 16. Асосҳои татбиқи чораҳои амнияти
1. Асосҳои татбиқи чораҳои амниятӣ ин маълумот оид ба мавҷуд будани таҳдиди воқеии куштори шахси ҳимояшаванда, истифодаи зўроварӣ нисбат ба ў ва хешовандони наздикаш, несту нобуд ё вайрон кардани молу мулкаш бо сабаби иштироки ў дар рафти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва мурофиаи судӣ мебошанд, ки аз ҷониби мақоми оид ба татбиқ намудани ҳимояи давлатӣ қарор қабулкунанда, муқаррар карда шудаанд.
2. Чораҳои амниятӣ дар асоси аризаи хаттии шахси ҳимояшаванда ва ё шахсоне, ки бо мақсади ҳифзи манфиати шахсони дигар бо ариза муроҷиат намудаанд, нисбати ноболиғон бошад - дар асоси аризаи хаттии падару модари онҳо ё шахсони онҳоро ивазкунанда, инчунин намояндагони ваколатдори мақомоти васояту парасторӣ (дар сурати набудани падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда) татбиқ мегарданд.
3. Агар татбиқи чораҳои амниятӣ ба манфиати аъзои болиғи оилаи шахси ҳимояшаванда ва дигар шахсоне, ки бо ў якҷоя зиндагӣ мекунанд, дахл кунад, гирифтани розигии онҳо дар шакли хаттӣ зарур аст.
Моддаи 17. Асосҳои татбиқи чораҳои дастгирии иҷтимоӣ
Асосҳои татбиқи чораҳои дастгирии иҷтимоӣ ин ҳалокат ё вафоти шахси ҳимояшаванда, расонидани зарари ҷисмонӣ ё зарари дигар ба саломатии ў бо сабаби иштирок намудан дар рафти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва мурофиаи судӣ ба шумор мераванд.
Моддаи 18. Тартиби татбиқи чораҳои амниятӣ
1.Тартиби татбиқи чораҳои амниятӣ бо Қонуни мазкур, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
2. Суд (судя), прокурор, сардори воҳиди таҳқиқ роҳбари мақомоти амалкунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ с муфаттиш зимни гирифтани ариза (маълумот) оид ба таҳдиди куштори шахсони дар қисмҳои 1-3 моддаи 2 Қонуни мазкур ҷайдгардида, истифодаи зўроварӣ нисбат ба онҳо, несту нобуд ё вайрон кардани молу мулкашон ё кирдори дигари зиддиҳуқуқии хавфнок ўҳдадоранд ин аризаро (маълумотро) тафтиш намоянд ва дар мўҳлати се шабонаруз (дар ҳолатҳои таъхирнопазир-фавран) оид ба татбиқи чораҳои амниятӣ нисбат ба онҳо ё рад намудани татбиқи онҳо қарор қабул намоянд. Ҷиҳати ҳалли масъалаи зикршуда қарори (таъиноти) асоснок бароварда мешавад, ки он дар рўзи қабул гардиданаш ба мақоми татбиқкунандаи чораҳои амниятӣ барои иҷро, инчунин ба шахсе, ки нисбати ў қарори (таъиноти) мазкур бароварда шудааст, барои маълумот фиристода мешавад.
3. Нисбат ба қарор (таъинот) оид ба татбиқи чораҳои амнияти ё рад намудани татбиқи онҳо шахси ҳимояшаванда ва дигар шахсоне, ки бо мақсади ҳифзи манфиатҳои ў муроҷиат намудаанд, метавонанд ба мақоми болоӣ, прокурор ё суд шикоят кунанд. Шикоят аз лаҳзаи пешниҳод шуданаш дар давоми 24 соат бояд баррасӣ гардад.
4. Мақоми татбиқкунандаи чораҳои амниятӣ тадбирҳои зарурии амниятии дар Қонуни мазкур пешбинишударо интихоб карда, тарзи татбиқи онҳоро муайян менамояд.
5. Оид ба чораҳои амниятии интихобшуда, тағйиру иловаҳо ба онҳо ва натиҷаи татбиқи чораҳои мазкур, мақоме, ки онҳоро амалӣ мегардонад, ба суд (судя), прокурор, сардори воҳиди таҳқиқ роҳбари мақомоти амалкунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ё муфаттиши дар истеҳсолоти худ ариза (маълумот) дар хусуси ҷиноят ё парвандаи ҷиноятӣ дошта маълумот медиҳад. Дар ҳолати рафъи таҳдид ба амнияти шахси ҳимояшаванда оид ба бекор кардани чораҳои амниятӣ дархост пешниҳод менамояд. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №865)
6. Мақоме, ки чораҳои амниятиро амали месозад, бо шахси ҳимояшаванда оид ба ҳолатҳои татбиқи чораҳои амниятӣ, ўҳдадориҳо ва масъулияти тарафайн мутобиқи қонуни мазкур ва қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли хаттӣ шартнома мебандад.
Моддаи 19. Тартиби татбиқи чораҳои дастгирии иҷтимоӣ
1. Тартиби татбиқи чораҳои дастгирии иҷтимоӣ бо Қонуни мазкур, қонунҳои дигар ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
2. Макоме, ки оид ба татбиқи ҳимояи давлати қарор қабул менамояд, пас аз гирифтани ариза (маълумот) дар хусуси ҳалокат ё вафоти шахси ҳимояшаванда ва муайян намудани он, ки ҳалокат (вафот) бо сабаби иштироки ў дар рафти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва мурофьаи судӣ ба миён омадааст, ўҳдадор аст дар мўҳлати се шабонарўз дар бораи татбиқи чораҳои дастгирии иҷтимои нисбати аъзои оилаи шахси ҳалокшуда (вафоткарда) ва шахсоне, ки дар таъминоти ў қарор доранд, ё ин ки дар бораи рад кардани татбиқи он қарор қабул намояд.
3. Мақоме, ки оид ба татбиқи ҳимояи -давлатӣ қарор қабул менамояд, пас аз гирифтани ариза (маълумот) дар хусуси ба шахси ҳимояшаванда расонидани зарари ҷисмонӣ ё зарари дигар ба саломатии ў бо сабаби иштирок намудан дар рафти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва мурофиаи судӣ ўҳдадор аст ин аризаро (маълумотро) тафтиш намояд ва дар мўҳлати се шабонарўз дар бораи татбиқи чораҳои дастгирии иҷтимоӣ ё ин ки дар бораи рад кардани татбиқи онҳо қарор қабул намояд.
4. Дар бораи ҳалли масъалаи зикршуда қарори (таъиноти) асоснок қабул карда мешавад, ки он ба мақоми татбиқкунандаи чораҳои дастгирии иҷтимоӣ барои иҷро ва ба шахсе, ки нисбати ў қарор (таъиноти) қабул карда шудааст ё ба намояндаи қонунии ў барои маълумот равон карда мешавад.
5. Нисбати қарор (таъинот) оид ба татбиқи чораҳои дастгирии иҷтимоӣ ё рад намудани татбиқи онҳо шахси ҳимояшаванда ё намояндаи қонунии ў метавонад ба мақоми болоӣ, прокурор ё суд шикоят намояд. Шикоят аз рўзи пешниҳод шудан дар мўҳлати даҳ шабонарўз бояд баррасӣ гардад.
6. Мақоми татбиқкунандаи чораҳои дастгирии иҷтимоӣ пас аз гирифтани қарор (таъинот) оид ба татбиқи чораҳои дастгирии иҷтимои ўҳдадор аст онро дар мўҳлати даҳ шабонарўз иҷро намояд.
Моддаи 20. Бекор кардани чораҳои амниятӣ
1. Чораҳои амниятӣ дар ҳолате бекор карда мешаванд, ки агар асосҳои дар моддаи 16 Қонуни мазкур нишондодашуда барои татбиқи онҳо бартараф гардида бошанд, инчунин агар татбиқи минбаъдаи онҳо дар натиҷаи аз ҷониби шахси ҳимояшаванда вайрон кардани талаботи шартномаи басташудаи мақомоти татбиқкунандаи чораҳои амниятӣ ва шахси ҳимояшаванда тибқи қисми 6 моддаи 18 Қонуни мазкур ғайриимкон бошад.
2.Чораҳои амниятӣ метавонанд бо аризаи хаттии шахси ҳимояшаванда, ки ба мақомоти қабулнамудаи қарор оид ба татбиқи ҳимояи давлатӣ фиристода шудааст, бекор карда шаванд.
3. Бекор кардани чораҳон амниятӣ танҳо бо қарори (таъиноти) макоме, ки қарор дар бораи татбиқ намудани ҳимояи давлатиро қабул намудааст ё бо қарори (таъиноти) мақоме, ки парвандаи ҷиноятӣ дар истеҳсолоти он қарор дорад, роҳдода мешавад.
4. Нисбат ба қарор (таъинот) оид ба бекор кардани чораҳои амнияти мумкин аст ба мақоми болоӣ, прокурор ё суд шикоят пешнҳод гардад. Шикоят аз лаҳзаи пешниҳод шуданаш дар давоми 24 соат бояд баррасӣ гардад.
5. Дар қарор (таъинот) оид ба бекор кардани чораҳои амнияти бояд масъалаҳои барқарор намудани ҳуқуқҳои молумулкӣ ва ҳуқуқҳои шахсии ғайрӣмолумулкии шахсӣ ҳимояшаванда ба танзим дароварда шаванд.
6. Қарор (таъинот) оид ба татбиқи чораҳои амнияти то қабули қарор оид ба бекор кардани он аз ҷониби мақомоти дар қисми 2 моддаи 3 Қонуни мазкур пешбинишуда эътибор дорад.
7. Суд (судя) дар ҳолати таҳияи ҳукм оид ба парвандаи ҷиноятӣ дар бораи бекор кардани чораҳои амниятӣ ё татбиқи минбаъдаи чораҳои мазкур таъинот (қарор) мебарорад.
Моддаи 21. Махфияти амалӣ намудани ҳимояи давлатӣ
1. Ҳимояи давлатӣ бо риоя намудани махфияти маълумот оид ба шахси ҳимояшаванда амалӣ мегардад.
2. Тартиби ҳимояи маълумот оид ба амалӣ намудани ҳимояи давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 22. Ҳатмӣ будани иҷрои қарор оид ба амалӣ намудани ҳимояи давлатӣ
Иҷрои қарорҳои мақомоти таъминкунандаи ҳимояи давлатӣ, ки мутобиқи ваколатҳояшон қабул шудаанд, аз ҷониби шахсони мансабдори корхона, муассиса ва ташкилотҳое, ки ба онҳо ирсол гардидаанд, ҳатмӣ мебошанд.
БОБИ 4.ҲУҚУҚ ВА ЎҲДАДОРИҲОИ ШАХСОНИ ҲИМОЯШАВАНДА ВА МАҚОМОТИ ТАЪМИНКУНАНДА ҲИМОЯИ ДАВЛАТӢ
Моддаи 23. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои шахсони ҳимояшаванда
1. Шахсони ҳимояшаванда ҳуқуқ доранд:
- ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои худро донанд;
- таъмини амнияти шахсӣ ва молумулкии худ ва шахсони дар қисми 3 моддаи 2 Қонуни мазкур нишондодашударо талаб намоянд;
- татбиқи чораҳои дастгирии иҷтимоиро дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонуни мазкур талаб намоянд;
- оид ба татбиқ намудани чораҳои амниятӣ нисбати худ, инчунин нисбат ба хешовандони наздикашон ва хусусияти ин чораҳоро донанд;
- оид ба татбиқи чораҳои амниятии иловагӣ ё оид ба бекор кардани онҳо тибқи муқаррароти қонуни мазкур бо ариза муроҷиат намоянд;
- нисбат ба қарор ва амали мақомоти таъминкунандаи ҳимояи давлати ба мақомоти болоӣ, прокурор ё суд бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят пешниҳод намоянд.
2. Шахсони ҳимояшаванда ўҳдадоранд:
- шартҳои нисбати онҳо татбиқ намудани чораҳои амниятӣ ва талаботи қонунии мақомоти таъминкунандаи ҳимояи давлатиро иҷро намоянд;
- ба мақомоти таъминкунандаи ҳимояи давлатӣ оид ба ҳар як ҳодисаи таҳдид ё амалҳои зиддиқонуни нисбати онҳо фавран маълумот пешниҳод намоянд;
- зимни кор фармудани молу мулки дар сархати дуюми қисми 1 моддаи 6 Қонуни мазкур нишондодашуда, ки аз ҷониби мақомоти амаликунандаи чораҳои амниятӣ бо мақсади таъмини амнияти онҳо барои истифода дода шудааст, талаботи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд;
- маълумотро оид ба татбиқ намудани чораҳои ҳимояи давлатӣ нисбати онҳо бе иҷозати мақомоти таъминкунандаи ҳимояи давлатӣ фош накунанд.
Моддаи 24. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои мақомоти таъминкунандаи ҳимояи давлатӣ
1. Мақомоте, ки оид ба татбиқ намудани ҳимояи давлатӣ дар доираи салоҳияти худ қарор қабул мекунанд, ҳуқуқ доранд:
- аз ҳамаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони ҳуқуқи ва воқеӣ аз рўи ариза ва маълумот дар бораи таҳдид ба амнияти шахсоне, ки нисбаташон қарор оид ба татбиқи ҳимояи давлатӣ қабул карда мешавад, маълумоти заруриро дархост намуда гиранд;
- амалҳои мурофиавӣ ё додани супоришҳои заруриро ба мақомоти амаликунандаи чораҳои амниятӣ ва мақомоти амаликунандаи чораҳои дастгирии иҷтимоӣ барои татбиқи ҳимояи давлатии шахсони дар моддаи 2 Қонуни мазкур нишондодашуда анҷом диҳанд;
- дар ҳолати зарурӣ аз мақомоти амаликунандаи чораҳои амниятӣ ва мақомоти амаликунандаи чораҳои дастгирии иҷтимоӣ таъини чораҳои иловагии ҳимояи давлатиро талаб намоянд;
- дар мувофиқа бо мақомоти амаликунандаи чораҳои нишондодашуда чораҳои амниятӣ ва чораҳои дастгирии иҷтнмоиро пурра ё қисман бекор кунанд.
2. Мақомоти амаликунандаи чораҳои амнияти ҳуқуқ доранд:
- тадбирҳои зарурии амниятии бо Қонуни мазкур пешбинишударо интихоб намоянд, усулҳои татбиқи онҳоро муайян кунанд ва ҳангоми зарурат чораҳои амниятии татбиқшавандаро тағйир диҳанд ва илова намоянд;
- аз шахсони ҳимояшаванда риояи шартҳои татбиқи чораҳои амниятиро нисбати онҳо, иҷрои супоришҳои қонуниро вобаста ба татбиқи чораҳои мазкур талаб намоянд;
- ба суд (судя), прокурор, сардори воҳиди таҳқиқ, роҳбари мақомоти амалкунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ё муфаттиш, ки ариза (маълумот) оид ба ҷиноят ё парвандаи ҷиноятӣ дар истеҳсолоти онҳо қарор дорад, бо дархост (ариза) дар бораи татбиқ намудани чораҳои амнияти зимни анҷом додани амалҳои мурофиавӣ ё бекор кардани онҳо муроҷиат намоянд; (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №865)
- бо тартиби Муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷуӣ» чораҳои оперативӣ-ҷустуҷўи гузаронанд.
3. Мақомоти амаликунандаи чораҳои дастгирии иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд:
- аз мақомоте, ки оид ба амали намудани ҳимояи давлатӣ қарор қабул мекунанд ва аз шахсони ҳимояшаванда маълумоти иловагии барои амалӣ намудани чораҳои дастгирии иҷтимоӣ заруриро дархост намоянд;
- ба мақомоте, ки оид ба татбиқи ҳимояи давлатӣ қарор қабул кардаанд, дар мавриди муайян кардани ҳолатҳое, ки имконняти татбиқи чораҳои мазкурро истисно мекунанд, бо дархост муроҷиат намоянд.
4. Мақомоти таъминкунандаи ҳимояи давлатӣ ўҳдадоранд:
- ба ҳар як ҳолати ба онҳо маълумшуда, ки таъмини чораҳои амниятӣ ё чораҳои дастгирии иҷтимоиро талаб мекунад, фавран эътино намоянд;
- ҳамаи чораҳои амниятӣ ва чораҳои дастгирии иҷтимоии заруриро амалӣ намоянд;
- тибқи муқаррароти пешбининамудаи Қонуни мазкур, шахсони ҳимояшавандаро оид ба татбиқ намудан, тағйир додан, илова ё бекор кардани татбиқи чораҳои амниятӣ ва чораҳои дастгирии иҷтимоӣ нисбати онҳо, инчунин оид ба қабули Қарорҳои вобаста ба таъмини ҳимояи давлатии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сари вақт хабардор намоянд;
- ба шахси ҳимояшаванда зимни эълон намудани қарор (таъинот) дар бораи нисбати ў татбиқ намудани ҳимояи давлатӣ ҳуқуқ ва ўҳдадориҳояшро фаҳмонанд.
БОБИ 5. ҶАВОБГАРӢ БАРОИ РИОЯ НАКАРДАНИ ТАЛАБОТИ ҚОНУНИ МАЗКУР
Моддаи 25. Ҷавобгарии шахси мансабдор барои риоя накардани талаботи вобаста ба таъмини ҳимояи давлатӣ
Шахси мансабдори мақомоти таъминкунандаи ҳимояи давлатӣ, ки ба қабул накардани қарор оид ба татбиқ намудани ҳимояи давлатӣ ё ба таври лозимӣ татбиқ накардани он рои додааст, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Моддаи 26. Ҷавобгарӣ барои фош кардани маълумот дар бораи шахси ҳимояшаванда ва чораҳои амниятӣ
Фош кардани маълумот дар бораи шахси ҳимояшаванда ва татбиқи чораҳои амниятӣ нисбати ў аз ҷониби шахсе, ки ба вай ин маълумот боварӣ карда шуда буд, ё зимни фаъолияти хизматиаш ба ў маълум гаштааст, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ба ҷавобгарӣ кашидан мегардад.
Моддаи 27. Ҷавобгарии шахси ҳимояшаванда
Ба шахсони дигар фурўхтан, ба гарав мондан ё додани молу мулки дар сархати дуюми қисми 1 моддаи 6 Қонуни мазкур пешбинишуда, ки ҷиҳати таъмини амният ба шахси ҳимояшаванда барои истифода дода шудааст, инчунин гум ё вайрон кардани молу мулки мазкур, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ба ҷавобгарӣ кашидан мегардад.
БОБИ 6. МАБЛАЃУЗОРӢ ВА ТАЪМИНОТИ МОДДИЮ ТЕХНИКИИ ҲИМОЯИ ДАВЛАТӢ
Моддаи 28. Маблағгузори ва таъминоти моддию техникии ҳимояи давлатӣ
1. Барои таъмини ҳимояи давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии таъмини амнияти иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятиро тасдиқ менамояд.
2. Маблағгузори ва таъминоти моддию техникии Барномаи давлатии таъмини амнияти иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ аз ҳисоби маблағи буҷет ва манбаъҳои дигари молиявии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд.
3. Хароҷоти вобаста ба таъмини ҳимояи давлатӣ набояд ба зиммаи шахси ҳимояшаванда гузошта шавад.
БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 29. Мавриди амал қарор додани қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
29 декабри соли 2010
№ 644