ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2012 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2024 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1993 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Кодекс 1999 КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХОҶАГИИ ЁРИРАСОНИ ШАХСӢ

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 30/01/2020 - 13:10
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
47
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
08.12.2003

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003, №12, мод.675; соли 2006, № 7, мод. 349; с.2011, №6, мод. 449;)

 

 

Маҷлиси намояндагон                                     4 июни соли 2003 қабул кардааст

Маҷлиси миллӣ                                                21 ноябри соли 2003 ҷонибдорӣ кардааст

 

БОБИ 1

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии ташкил ва пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсиро аз тарафи шаҳрвандон ва ҳамчунин чораҳои аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва маҳаллӣ дастгирӣ кардани онҳоро муайян карда, ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ташкил кардани хоҷагии ёрирасони шахсӣ, мустақилияти хоҷагӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандонеро, ки дорои хоҷагии ёрирасони шахсӣ мебошанд, кафолат медиҳад.

 

Моддаи 2. Қонунгузорӣ дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун ва санадҳои дигари  меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Мафҳуми хоҷагии ёрирасони шахсӣ

1.Хоҷагии ёрирасони шахсӣ хоҷагиест, ки бо меҳнати шахсии шаҳрванд ва аъзои оилаи ӯ бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва қонеъ гардонидани талаботи худ бо озуқаворӣ ва эҳтиёҷоти дигар пеш бурда мешавад.

2.Фаъолияти шаҳрвандон  дар бобати пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ фаъолияти соҳибкорӣ эътироф карда намешавад.

3.Пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ бар дӯши шаҳрванд ё аъзои оилаи ӯ мебошад.

4.Аъзои хоҷагии ёрирасони шахсӣ ҳамсарон, фарзандон, фарзандхондагон, падару модар ва хешовандони дигаре, ки якҷоя зиндагӣ мекунанд, шуда метавонанд.

 

БОБИ 2

ТАШКИЛ ВА ПЕШБУРДИ ХОҶАГИИ ЁРИРАСОНИ ШАХСӢ

 

Моддаи 4. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба ташкил ва пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ

1. Шаҳрвандони қобили амали Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкил ва пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ дар сурати бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дар бораи замин ба истифодаи меросии якумра ё бемӯҳлат гирифтани қитъаҳои замин ҳуқуқ пайдо мекунанд.

2. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар деҳот  муқимӣ зиндагӣ менамоянд, ҳуқуқ доранд мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фонди ягонаи замини давлатӣ бо мақсади ташкил ва пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ қитъаи замин гиранд.

3. Шаҳрвандони сокини шаҳр ва шаҳракҳо дар замини барои истифодаи меросии якумра ё бемӯҳлат гирифтаашон барои ташкилу пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ мутобиқи қонунугузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд. Шартҳои ба шаҳрвандони ин категорияҳо ҷудо кардани қитъаҳои замин барои пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

4. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар асоси тартибу шартҳои муайянкардаи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дар сурати мавҷуд будани захираи озоди замин ба ташкил ва пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ ҳуқуқ пайдо мекунанд.

 

Моддаи 5. Қитъаҳои замини хоҷагии ёрирасони шахсӣ

1.Қитъаи замини хоҷагии ёрирасони шахсӣ ба шаҳрванд барои истифодаи меросии якумра ё бемӯҳлат аз ҳисоби фонди ягонаи давлатии замин бо пешниҳоди мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва дар асоси қарори  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи замин  ҷудо карда мешавад. (Қ ҶТ аз 28.06.11с., №738)

2. Қитъаи замини хоҷагии ёрирасони шахсии шаҳрвандон аз қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва қитъаи замини иловагии хоҷагии ёрирасони шахсӣ (минбаъд – қитъаи замини иловагӣ) иборат мебошад.

3.Қитъаи замини наздиҳавлигӣ, одатан, дар шафати манзили истиқоматӣ ва ҳамчунин имкон дорад дуртар аз он воқеъ бошад.

4.                Қитъаи замини иловагӣ  ба шаҳрванд аз ҳисоби заминҳои фонди ягонаи давлатӣ ҷудо карда мешавад. Дар қитъаи замини иловагӣ сохтани биноҳо, иморату иншоот ва шинонидани дарахтҳои бисёрсола манъ аст.

5.Тартиби ба шаҳрвандон ҷудо кардани қитъаи замини хоҷагии ёрирасони шахсӣ бо қонунгузорӣ дар бораи замин  муқаррар карда мешавад.

6.Масоҳати ниҳоии қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва замини иловагӣ , ки барои хоҷагии ёрирасони шахсӣ ҷудо карда мешаванд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи замин муқаррар мегардад.

7. Қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва қитъаи замини иловагӣ ба заминҳои таъиноти кишоварзӣ мансуб дониста мешаванд.

 

Моддаи 6. Тартиби пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ

1.Аъзои хоҷагии ёрирасони шахсӣ хоҷагиро бо салоҳдиди худ пеш мебаранд ва масъулиятро ба зимма доранд, инчунин бо созиши тарафайн сарвари хоҷагии ёрирасони шахсӣ ё шахсони дигарро  барои содир намудани аҳд ва намояндаи дорои ваколатномаи махсусро таъин менамоянд. Номи сарвари хоҷагии ёрирасони шахсӣ дар дафтари хоҷагии ҷамоати деҳот (шаҳрак) зикр карда мешавад.

2.Шаҳрвандони дар пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ иштирокдошта метавонанд дар соҳаи истеҳсол, контрактасия ё таҳвили маҳсулоти кишоварзӣ, иҷрои кор  ва хизматрасонӣ бо ташкилотҳои кишоварзӣ ва дигар ташкилотҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)  ва шаҳрвандони алоҳида  бевосита ва ё ба воситаи  кооперативҳои матлубот, ки манфиатҳои онҳоро ҳимоя мекунанд, шартнома банданд.

3.Дахолати мақомоти ҳокимияти давлатӣ  ва маҳаллӣ ба фаъолияти шаҳрвандон  дар бобати пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, манъ аст.

4.Бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти якҷоя оид ба истеҳсол, коркард, нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ ва ба фурӯш баровардани маҳсулоти зиёдатӣ, ҳамчунин суғурта, қарзгирӣ, таъминоти моддию техникӣ ва хизматрасонии хоҷагии ёрирасони шахсӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ метавонад дар кооперативҳои истеҳсолӣ (кишоварзӣ) ва кооперативҳои матлубот муттаҳид гардад.

 

Моддаи 7. Дастгирии давлатӣ ва дигар намудҳои дастгирии хоҷагии ёрирасони шахсӣ

1.Хоҷагии ёрирасони шахсӣ аз тарафи давлат  бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ карда мешавад.

2.Мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ хоҷагии ёрирасони шахсиро дар соҳаҳои зерин дастгирӣ мекунанд:

- дар ташкили кооперативҳои кишоварзӣ, оид ба истифодаи техникаи кишоварзӣ, коркарди замин, истеҳсолу коркард, нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ;

- дар густариш додани хизматрасонии муҳандисию техникӣ, мелиоративӣ, байторӣ, зоотехникӣ, агрономӣ ва иттилоотию машваратӣ; (Қ ҶТ аз 28.06.11с., №738)

-  дар истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти зиёдатии кишоварзӣ;

-  барҳам додани оқибати ҳолатҳои фавқуллода;

-  ҷудо кардани чарогоҳ ва алафзор;

-  додани қарз бо гарав барои харидани техникаю таҷҳизот, чорвои зотӣ бо тартиби нисбати хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) муқарраргардида;

-  дар масъалаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

 

БОБИ 3

ҲУҚУҚ ВА EҲДАДОРИҲОИ ШАҲРВАНДОНИ ДОРОИ ХОҶАГИИ ЁРИРАСОНИ ШАХСӢ

 

Моддаи 8. Ҳуқуқи шаҳрвандони дорои хоҷагии ёрирасони шахсӣ

1.Шаҳрвандони дорои хоҷагии ёрирасони шахсӣ ҳуқуқ доранд дар моликияти худ молу  мулк дошта бошанд, молу  мулкро мерос гузоранд ва васият намоянд, ҳамроҳи дигар шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ шахси ҳуқуқӣ таъсис намоянд, ҳар гуна аҳди хилофи қонун набударо анҷом диҳанд ва ӯҳдадорию ҳуқуқҳои  дигари молу  мулкӣ ва шахсии ғайримолу  мулкӣ дошта бошанд.

2.Шаҳрвандоне, ки пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсиро дар қитъаи замини ба истифодаи меросии якумра гирифта ё худ истифодаи бемӯҳлат амалӣ менамоянд, ҳақ доранд дар қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ бо шарти риоя намудани меъёрҳои шаҳрсозӣ, бинокорӣ ва ҳамчунин талабҳои  таъиноти мақсадноки қитъаи замин хонаҳои истиқоматӣ, биноҳои истеҳсолӣ, иморату иншооти барои пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ зарурро бунёд намоянд, онҳоро аз нав созанд ё вайрон кунанд.

3.Қитъаҳои замини наздиҳавлигии барои хоҷагии ёрирасони шахсӣ ҷудошудаи шаҳрвандон барои эҳтиёҷоти давлатӣ танҳо баъди ба онҳо барои пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ бо шартҳои пешакӣ ҷудо намудани қитъаҳои баробарарзиши замини дорои хонаҳои ободи истиқоматӣ, биноҳои истеҳсолӣ, иморату иншооти таъиноташон монанди иншооти гирифташаванда ва пурра ҷуброн намудани тамоми хароҷоти вобаста ба ободонӣ ва дар ҷои нав, агар дар созишномаи тарафҳо тартиби дигар муқаррар нашуда бошад ё бо салоҳдиди молики молу  мулк баъди пурра ба он ҷуброн кардани арзиши молу  мулки гирифташаванда ва молу  мулки дигар, аз ҷумла  манфиати аз дастрафтаи онҳо гирифта мешаванд.

4.Истифодабарандаи қитъаи замини барои хоҷагии ёрирасони шахсӣ ҷудо шуда, ҳақ дорад ба ин қитъаи замин ворид шуданро манъ карда ва  бо тарзи дигар аломату нишон гузорад, ки бе иҷозати  ӯ ба ин қитъаи замин шахсони дигар имкони даромадан надошта бошанд.

5.Рӯёнидани маблағ аз молу  мулки хоҷагии ёрирасони шахсӣ аз рӯи ӯҳдадории аъзоён дар асоси ҳалномаи суд сурат мегирад.

6.Шаҳрвандоне, ки пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсиро амалӣ менамоянд, дар асоси қонунгузории гражданӣ ва конунгузорӣ дар бораи замин  ҳуқуқҳои дигарро низ доро мебошанд.

 

Моддаи 9. Eҳдадориҳои шаҳрвандони  дорои хоҷагии ёрирасони шахсӣ

Шаҳрвандони дорои хоҷагии ёрирасони шахсӣ ӯҳдадоранд:

-  нигоҳубини қитъаҳои заминро таъмин намоянд;

-  қитъаҳои заминро мақсаднок истифода намуда, дар рафти истифодаи онҳо ба замин чун объекти табиию хоҷагӣ ва муҳити зист муносибат карда, зарар нарасонанд;

-  андози истифодаи қитъаҳои заминро сари вақт супоранд;

-  хонаҳои истиқоматӣ, биноҳои истеҳсолӣ, иморату иншоотро аз рӯи талаботи меъморию нақшавӣ, бинокорӣ, экологӣ, беҳдошти санитарию гигиенӣ, зиддисӯхторӣ ва талабҳои дигари меъёру қоидаҳои муқарраргардида бунёд кунанд, атрофи онҳоро обод созанд;

-  қоидаҳои беҳдошти санитарию гигиенӣ ва байтории нигоҳубини ҳайвонот, талаботи мелиоративӣ ва агротехникии парвариши зироатҳои кишоварзӣ, тартибу маҳдудиятҳо ва ҳуқуқи истифодаи қитъаи заминро риоя намоянд;

-  қитъаи заминро дар давоми мӯҳлати муқарраркардаи қонунгузории замин ба кор дароранд;

- дар ҷамъбасти нимсолаи якум ва дар ҷамъбасти сол ба мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба фаъолияти меҳнатӣ маълумот пешниҳод намоянд; (Қ ҶТ аз 28.06.11с., №738)

-  талабҳои дигари пешбиникардаи қонунгузориро ба ҷо оваранд.

 

Моддаи 10. Қатъи узвият дар хоҷагии ёрирасони шахсӣ

Узвият ба хоҷагии ёрирасони шахсӣ дар мавридҳои зайл қатъ мегардад:

- вафоти узви хоҷагии ёрирасони шахсӣ;

- пешниҳоди ариза дар бораи қатъи узвият;

- зиндагонӣ накардан ҳамроҳи  аъзои боқимондаи хоҷагии ёрирасони шахсӣ;

- зиёда аз як сол иштирок надоштан дар пешбурди якҷояи хоҷагии ёрирасони шахсӣ, ба истиснои беморӣ, адои хизмати ҳарбӣ аз рӯи даъват дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳсили рӯзона дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбй, миёнаи касбй, олии касбй, касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимй, кор кардан дар вазифаҳои  интихобӣ, бо розигии аъзои хоҷагии ёрирасони шахсӣ ба кор  ба маҳалли дигари  ҷумҳурӣ ё ба хориҷа рафтан ва мавридҳои дигари муқарраркардаи қонунгузорӣ; (Қ ҶТ аз 28.06.11с., №738)

- дар дигар ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.

 

БОБИ 4

МОЛУ  МУЛКИ ХОҶАГИИ ЁРИРАСОНИ ШАХСӢ

 

Моддаи 11. Молу  мулки хоҷагии ёрирасони шахсӣ

1.Молу  мулки хоҷагии ёрирасони шахсӣ чорвою мурғ, занбӯри асал, дарахтони бисёрсола, хонаҳои истиқоматӣ, биноҳои истеҳсолӣ ва дигар иморату иншооти мавриди пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ, техника, асбобу анҷоми кишоварзӣ, воситаҳои нақлиёт ва дигар захираҳои моддӣ, инчунин маҳсулоти кишоварзӣ шуда метавонанд.

2.Агар дар шартномаи байни аъзои хоҷагии ёрирасони шахсӣ тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, молу  мулке, ки дар банди 1 ҳамин модда зикр шудааст, моликияти умумии якҷояи аъзои хоҷагии ёрирасони шахсӣ мебошад.

3.Даромади шахсӣ ва пасандози узви хоҷагии ёрирасони шахсӣ, инчунин молу  мулке, ки бо маблағҳои худаш харидааст, мерос ё тӯҳфа гирифтааст ва ба моликияти хоҷагии ёрирасони шахсӣ ҳамроҳ карда нашудааст, моликияти шахсии ин ё он узви хоҷагии ёрирасони шахсӣ ҳисоб меёбад.

4.Молу  мулки хоҷагии ёрирасони шахсиро фақат бо розигии ҳамаи аъзои он соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ намудан мумкин аст.

5.Аз рӯи аҳдҳои содирнамудаи аъзои хоҷагии ёрирасони шахсӣ, агар аз ҳолати кор маълум нагардад, ки аҳд ба манфиати  шахсии узви  хоҷагии ёрирасони шахсии мазкур баста шудааст, аъзои хоҷагии ёрирасони шахсӣ ба молу  мулки худ масъуланд.

 

Моддаи 12. Тақсими (ҷудо кардани) молу  мулки хоҷагии ёрирасони шахсӣ

1.Молу  мулки хоҷагии ёрирасони шахсӣ метавонад бо талаби аъзои қобили амали хоҷагии ёрирасони шахсӣ мутобиқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим карда шавад.

2.Ҷудо намудани ҳисса аз молу  мулки якҷояи хоҷагии ёрирасони шахсӣ мумкин аст бо талаби яке аз аъзои қобили амали хоҷагии ёрирасони шахсӣ дар мавриди қатъ гардидани узвияти он анҷом дода шавад. ҳамзамон қитъаи замини назди ҳавлигиро ба қитъаҳои алоҳидае тақсим кардан мумкин аст, ки андозаи онҳо бояд аз меъёри ниҳоии муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон камтар  набошад.

3.Агар  андозаи қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз меъёри ниҳоии муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон камтар бошад, ин гуна қитъа тақсим карда намешавад. Узви хоҷагии ёрирасони шахсӣ дар сурати қатъ гардидани узвияташ дар хоҷагии ёрирасони шахсӣ ҳуқуқ дорад баробари ҳиссаи дар моликияти якҷоя доштааш ҷубронпулӣ гирад.

 

Моддаи 13. Мерос гузоштани молу  мулки хоҷагии ёрирасони шахсӣ

1.Молу  мулки хоҷагии ёрирасони шахсӣ ва қитъаи замин бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории гражданӣ ва қонунгузорӣ дар бораи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мерос гузошта мешавад. Дар ин маврид меросхӯроне, ки дар пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ ширкат меварзанд, барои гирифтани молу  мулки меросӣ ва қитъаи замин ҳуқуқи бартарӣ доранд. Меросхӯроне, ки  барои дар хоҷагии ёрирасони шахсӣ шуғл варзидан майлу хоҳиш надоранд, ҳуқуқ доранд, баробари ҳиссаи дар молу  мулки меросмонда доштаашон ҷубронпулӣ гиранд.

2.Дар сурати аз пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ даст кашидани ҳамаи меросхӯрон молу  мулки хоҷагӣ бо розигии меросхӯрон, тақсим карда мешавад ё худ онҳо ин молу  мулкро якҷоя ба мақсадҳои дигар истифода мекунанд. Истифодаи қитъаи замин дар ин маврид бояд тибқи тартиби муқаррарнамудаи  қонунгузорӣ дар бораи замин муайян карда шавад.

3.Дар сурати набудани меросхӯрони қонунӣ ё васиятӣ масъалаи тақсими молу  мулки хоҷагии ёрирасони шахсӣ мутобиқи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешавад.

 

БОБИ 5

ИХТИЁРДОРӢ КАРДАНИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗИЕ, КИ ДАР ХОҶАГИҲОИ ЁРИРАСОНИ ШАХСӢ ИСТЕҲСОЛ ШУДААСТ, КОРКАРД ВА БА ҲИСОБ ГИРИФТАНИ ОН

 

Моддаи 14. Истеҳсол, коркард ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар хоҷагии ёрирасони шахсӣ

1.Маҳсулоти кишоварзии дар хоҷагии ёрирасони шахсӣ истеҳсолшуда моликияти шаҳрвандонест, ки бо хоҷагии ёрирасони шахсӣ машғуланд ва онҳо ҳуқуқи бо салоҳдиди худ ихтиёрдорӣ карданро доранд.

2.Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ метавонанд ташкилотҳои маҳаллии хариди маҳсулот барпо намоянд, ки маҳсулоти  дар хоҷагии ёрирасони шахсӣ истеҳсолгардидаи кишоварзиро бо мақсади коркард, нигоҳдорӣ ё фурӯш қабул карда гиранд.

3. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба аъзоёни хоҷагии ёрирасони шахсӣ, ки бо фурӯши маҳсулоти кишоварзии истеҳсолкардаашон машғуланд, дар ташкили ҷойҳои муҷаҳҳази савдо шароит муҳайё намоянд.

 

Моддаи 15. Ба ҳисоб гирифтани хоҷагии ёрирасони шахсӣ

Хоҷагии ёрирасони шахсиро мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар дафтари хоҷагӣ ба ҳисоб мегирад. Дафтари хоҷагӣ ҳуҷҷати асосии ҳисобгирии ибтидоӣ буда, маълумотро дар бораи шумораи аҳолии деҳот, замину чорво, хонаву ҷой ва чизу чораи  дигар доштани онҳо дар бар мегирад. Таркиби нишондиҳандаҳо ва тартиби ҷорӣ кардани дафтари хоҷагиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. (Қ ҶТ аз 28.06.11с., №738)

 

БОБИ 6

ҚАТЪИ ПЕШБУРДИ ХОҶАГИИ ЁРИРАСОНИ ШАХСӢ

 

Моддаи 16. Асосҳои қатъи пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ

Пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ дар асоси қарори мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ дар ҳолатҳои зерин қатъ меёбад:

- дар мавриди қарор қабул кардани аъзои хоҷагии ёрирасони шахсӣ оид ба  қатъи пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ;

- дар сурати мавҷуд набудани ягон аъзои хоҷагии ёрирасони шахсӣ ё меросхӯре, ки майлу хоҳиши пешбурди ин хоҷагиро дошта бошад;

- қатъ ёфтани ҳуқуқ ба қитъаи замин бо сабаби гирифтани қитъаи замин мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ ё коммуналӣ;

- бо сабаби доштани дигар  қитъаи замин аз пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ даст кашидани аъзои хоҷагии ёрирасони шахсӣ;

- дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории ҶумҳурииТоҷикистон дар бораи замин.

 

Моддаи 17. Тартиби қатъи фаъолияти хоҷагии ёрирасони шахсӣ

1.Дар ҳолати қатъи пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ тибқи қарори аъзоён  онҳо ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии маҳалли ҷойгиршавии хоҷагии ёрирасони шахсӣ аризаи дахлдор пешниҳод менамоянд. (Қ ҶТ аз 28.06.11с., №738)

2. Дар сурати катъи ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин дар асоси ҳалномаи суд ё қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оиҳо ӯҳдадоранд чунин ҳалнома ё қарорро ба мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти маҳалли ҷойгиршавии хоҷагии ёрирасони шахсй фиристонанд. (Қ ҶТ аз 28.06.11с., №738)

3.Дар ҳама гуна мавридҳои дигар қарори қатъи пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсиро мақомоти худидоракунии маҳали ҷойгиршавии хоҷагии ёрирасони шахсӣ қабул мекунанд.

4.Фаъолияти хоҷагии ёрирасони шахсӣ аз рӯзи ба дафтари хоҷагӣ даровардани навиштаи дахлдор, инчунин сабт дар китоби қайди кумитаи ноҳиявии (шаҳрии) замин қатъ мегардад.

 

БОБИ 7

ҚОИДАҲОИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 18. Андозбандии хоҷагии ёрирасони шахсӣ

Андозбандии хоҷагии ёрирасони шахсӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

 

Моддаи 19, Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур

Шахсони воқей ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд." (Қ ҶТ аз 28.06.11с., №738)

 

Моддаи 20. Баррасии баҳсҳо

Баҳсҳое, ки вобаста ба хоҷагии ёрирасони шахсӣ ба миён меоянд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳал карда мешаванд.

 

Моддаи 21. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

     

    

    Президенти                                                                                                 Э. РАҲМОНОВ

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                              

    ш. Душанбе 

8 декабри соли 2003

        № 47