ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ БАШАРДЎСТОНАИ ЗИДДИ МИНАҲО
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2016, №7, мод. 616)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳоро муайян намуда, ба танзими муносибатҳо вобаста ба фаъолияти мазкур равона карда шудааст.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо – маҷмўи чорабиниҳои вобаста ба тоза намудан аз минаҳо, огоҳсозии аҳолӣ аз хатари минаҳо, кумак ба шахсони аз минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ зарардида, таблиғоти манъи истифодаи минаҳои зиддипиёдагард ва нобудсозии захираҳои онҳо бо мақсади кам кардани таъсири зарари минаҳо ба ҳолати иҷтимоию иқтисодӣ ва муҳити зист, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, ғайрибуҷетӣ ва ҷалби кумаки ташкилотҳои башардўстона амалӣ карда мешаванд;
- тоза намудан аз минаҳо – маҷмўи чорабиниҳои вобаста ба бартараф намудани хатари минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ, аз ҷумла робита бо ҷомеа, тадқиқоти техникӣ ва ғайритехникӣ, аломатгузорӣ, безараргардонӣ, ҳуҷҷатгузорӣ баъд аз тоза намудан ва супоридани ҳудуди тозашуда;
-мина – лавозимоти ҷангие, ки бо мақсади расонидани зарар ба инсон ва техника пешбинӣ гардида, дар зери замин ё болои он гузошта мешавад;
- минаи зиддипиёдагард – минаҳое, ки барои расонидани зарар ба инсон пешбинӣ гардидаанд;
- лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ – лавозимоти таркандаи ҷангие, ки мавриди истифода қарор дода шудаанд, аммо бо сабабҳои гуногуни техникӣ ё дигар сабабҳо натаркидаанд;
- ҳудуди хатарнок – қитъае, ки бинобар мавҷуд будани минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ ё эҳтимолияти мавҷуд будани онҳо хатарнок мебошад;
- сапёр – шахси воқеии аз ҷиҳати касбӣ омодагардида, ки ба тоза намудан аз минаҳо машғул аст;
- стандартҳои миллӣ оид ба фаъолияти зидди минаҳо – меъёрҳое, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи бехатарӣ, беҳсозии сифат ва самараи фаъолияти зидди минаҳо бо роҳи таъмини идоракунӣ, ҷорӣ намудани меъёрҳо, муайян намудани талабот ва шартҳои техникӣ таҳия гардидаанд;
- аккредитатсияи субъектҳои фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо –қоидаҳое, ки тавассути онҳо субъектҳо барои тоза намудан аз минаҳо салоҳиятдор мебошанд;
- кафолати сифат – раванди умумии арзёбии тоза намудани майдонҳо аз минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ мувофиқи талаботи стандартҳои миллӣ оид ба фаъолияти зидди минаҳо;
- кумак ба шахсони аз минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ зарардида – кумаке, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ё ғайрибуҷетӣ ба зарардидагон ва аъзои оилаи онҳо бо мақсади барқарор намудани саломатӣ, фарогирӣ бо лоиҳаҳои даромаднок, дастгирии иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва равонӣ расонида мешавад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Принсипҳои асосии фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо
Фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- инсондўстӣ ва шафқат;
- таъмини бехатарӣ;
- дастрасии иттилоот;
- риояи ҳатмии талаботи стандартҳои миллӣ оид ба фаъолияти зидди минаҳо.
БОБИ 2. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ФАЪОЛИЯТИ
БАШАРДӮСТОНАИ ЗИДДИ МИНАҲО
Моддаи 4. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо мансубанд:
- таҳия намудани сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо;
- тасдиқи стандартҳо, стратегия ва нақшаҳои миллии фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо;
- муайян намудани мақоми ваколатдор оид ба фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 5. Ваколатҳои мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо
Мақоми ваколатдор оид ба фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо (минбаъд – мақоми ваколатдор) дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо;
- бо тартиби муқарраргардида бастани шартномаҳо ва созишномаҳо дар бораи ҳамкорӣ оид ба фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо;
- таҳияи стандартҳо, стратегия ва нақшаҳои миллии фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо;
- таҳия ва тасдиқи тартибу қоидаҳо ва дастурҳо оид ба фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо;
- аккредитатсияи субъектҳои фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо;
- додани шаҳодатнома дар бораи акредитатсияи субъектҳои фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо;
- тасдиқи нақшаву барномаҳои омўзишии субъектҳое, ки ба тоза намудан аз минаҳо машғуланд ва назорати иҷрои онҳо;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ҳамкории байналмилалӣ оид ба фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 6. Ваколатҳои мақомоти дигари давлатӣ оид ба масъалаҳои фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо
Ба ваколатҳои мақомоти дигари давлатӣ оид ба масъалаҳои фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо дохил мешаванд:
- мусоидат ба гузаронидани чорабиниҳо оид ба фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо;
- иштирок дар татбиқи нақшаву барномаҳо оид ба фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо;
- таъмини фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо бо захираҳои инсонӣ, восита ва таҷҳизоти барои омўзиш зарур;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 7. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба масъалаҳои фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо
Ба ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид бамасъалаҳои фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо дохил мешаванд:
- мусоидат ба гузаронидани чорабиниҳо оид ба фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо;
- иштирок дар татбиқи нақшаву барномаҳо оид ба фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
БОБИ 3. ФАЪОЛИЯТИ БАШАРДӮСТОНАИ ЗИДДИ МИНАҲО
Моддаи 8. Аккредитатсияи субъектҳои фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо
1. Барои гузаронидани фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо аз ҷониби мақоми ваколатдор тибқи талаботи стандартҳои миллӣ оид ба фаъолияти зидди минаҳо субъектҳои зерин аккредитатсия карда мешаванд:
- шахсони ҳуқуқӣ;
- ташкилотҳои байналмилалие, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон созишнома ба имзо расондаанд.
2. Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо ба муҳлати се сол дода мешавад.
3. Дар ҳолати риоя нагардидани талаботи стандартҳо дар рафти фаъолият аккредитатсияи субъектҳои мазкур аз ҷониби мақоми ваколатдор бекор карда мешавад.
Моддаи 9. Сапёрон
1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди гузаштан аз муоинаи тиббӣ, омўзиш аз рўи барномаи омодасозии сапёрон ва аттестатсия тибқи стандартҳои миллӣ оид ба фаъолияти зидди минаҳо ба тоза намудан аз минаҳо роҳ дода мешаванд.
2. Кормандони мақоми ваколатдор, аз ҷумла кормандони оперативӣ, нозирони кафолат ва назорати сифат, ки ба идоракунӣ, ҳамоҳангсозӣ ва назорати тоза намудан аз минаҳо ҷалб гардидаанд, сапёр шуда метавонанд.
3. Ҳаёт ва саломатии сапёрон аз ҷониби субъектҳое, ки дар моддаи 8 Қонуни мазкур номбар шудаанд, бояд суғурта карда шаванд.
4. Субъектҳои аккредитатсияшуда уҳдадоранд сапёронро бо либоси расмӣ ва таҷҳизот мувофиқи стандартҳо таъмин намоянд.
5. Реҷаи кори сапёрон бо назардошти шароити маҳал аз ҷониби мақоми ваколатдор муайян карда мешавад.
6. Ҳифзи иҷтимоии сапёрон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад.
Моддаи 10. Тоза намудани ҳудудҳои хатарнок аз минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ
1. Ҳудудҳои хатарнок бояд аз ҷониби мақоми ваколатдор муайян гардида, зери назорат гирифта шаванд.
2. Субъектҳои аккредитатсияшуда бояд ҳудудҳои хатарнокро то сатҳи муқаррарнамудаи стандартҳои миллӣ оид ба фаъолияти зидди минаҳо аз минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ тоза намоянд.
Моддаи 11. Огоҳсозӣ аз хатари минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ
1. Ҳудудҳои хатарнок бо тавора ва аломатҳои огоҳкунанда нишонагузорӣ карда мешаванд.
2. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сарҳадӣ барои таъмини нигоҳдории аломатҳои огоҳкунандаи хатар дар маҳалҳо ва минтақаҳои сарҳадӣ мусоидат менамоянд.
3. Огоҳсозӣ аз хатари минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ аз ҷониби мақоми ваколатдор муайян ва дар мувофиқа бо мақомоти дигари давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ мегарданд.
4. Мақоми ваколатдор бо мақсади омодасозӣ бо волонтёрон, намояндагони мақомоти дигари давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки ба огоҳсозӣ аз хатари минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ ҷалб мегарданд, курсҳои омўзишӣ ва такмили ихтисос мегузаронад.
Моддаи 12. Барномаҳои расонидани кумак ба шахсони аз минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ зарардида
Барномаҳои расонидани кумак ба шахсони аз минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ зарардида аз ҷониби мақоми ваколатдор таҳия гардида, дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
Моддаи 13. Супоридани ҳудудҳои аз минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ тозашуда
1. Субъектҳои аккредитатсияшуда ҳудудҳои аз минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ тозашударо ба мақоми ваколатдор тибқи санади дахлдор месупоранд. Мақоми ваколатдор пас аз назорат ва кафолати сифат ҳудуди тозашударо мувофиқи талаботи стандартҳои миллӣ оид ба фаъолияти зидди минаҳо ба мақомоти дахлдори давлатӣ месупорад.
2. Агар ҳудуди тозашуда дар минтақаи назорати сарҳадӣ ҷойгир шуда бошад, нусхаи ҳуҷҷатҳои ҳудуди тозашуда ба мақомоти ҳифзи сарҳади давлатӣ супорида мешавад.
Моддаи 14. Ҳамкории байналмилалӣ
1. Мақоми ваколатдор бо тартиби муқарраргардида бо мақсади мубодилаи таҷриба, иттилоот, таҷҳизот ва дастовардҳои илмию техникӣ, тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшуда ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ ба роҳ мемонад.
2. Мақоми ваколатдор ва субъектҳои аккредитатсияшуда дар тоза намудан аз минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ дар кишварҳои эҳтиёҷманд бо тартиби муқарраргардида иштирок карда метавонанд.
Моддаи 15. Уҳдадориҳо дар доираи татбиқи шартномаҳои байналмилалӣ
Мақоми ваколатдор татбиқи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистонро таъмин намуда, аз натиҷаи иҷрои чорабиниҳо дар доираи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид ҳисобот пешниҳод менамояд.
БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 16. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 17. Тартиби мавриди амалқарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
23 июли соли 2016, №1338