ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2012 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2024 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1993 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Кодекс 1999 КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ САНОАТ

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 21:20
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1415
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
30.05.2017

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ САНОАТ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2017, № 5, қ. 1, мод. 272; ҚҶТ аз 23.12.2021с.,1848)

Қонуни мазкур мақсад, вазифа ва принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ, хусусият ва механизмҳои амалӣ намудани дастгирии давлатии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноатро муқаррар намуда, ба ташаккул ва устувор намудани иқтидори саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар  Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат – маҷмӯи чораҳои таъсиррасонии давлатӣ ба фаъолият дар соҳаи саноат, ки ба рушди босуръат ва устувори иқтидорҳои саноатӣ, таъмини пешрафти истеҳсоли маҳсулоти саноатии рақобатпазир ва ғанигардонии бозори истеъмолӣ равона шудаанд; (ҚҶТ аз 23.12.2021с., 1848)

- саноат – соҳаи иқтисодиёти миллӣ, ки ба рушди қувваҳои истеҳсолкунанда таъсири ҳалкунанда мерасонад;

- фаъолият дар соҳаи саноат – маҷмӯи намудҳои фаъолияти иқтисодӣ, ки ба истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дахл доранд;

- субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат – шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки фаъолиятро дар соҳаи саноат амалӣ менамоянд;

- истеҳсолоти саноатӣ – истеҳсолоте, ки дар рафти он ашёи хом, масолеҳи асосӣ ё нимтайёр бо истифодаи таҷҳизоти саноатӣ ба маҳсулоти тайёр мубаддал мегардад;

- маҳсулоти саноатӣ – молҳое, ки дар натиҷаи амалисозии фаъолият дар соҳаи саноат истеҳсол мешаванд;

- инфрасохтори саноатӣ – маҷмӯи объектҳои молумулкии ғайриманқул (қитъаҳои замин, бино, иншоот), шабакаҳо (барқӣ, газтақсимкунӣ, гармидиҳӣ, обтаъминкунӣ, корезӣ, нақлиётӣ, алоқаи барқӣ), ки барои амалисозии фаъолияти саноатӣ заруранд;

- иттиҳодияи (ассотсиатсияи) субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат – ташкилотҳои ғайритиҷоратие, ки аз ҷониби субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳо таъсис дода шуда, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳоро ҳимоя мекунанд;

- Шӯрои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди саноат – мақоми машваратию  маслиҳатӣ, ки бо мақсади мусоидат ба амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат таъсис дода мешавад; (ҚҶТ аз 23.12.2021с., 1848)

- паркҳои саноатӣ (индустриалӣ) – инфрасохтори саноатӣ, ки барои амалисозии фаъолияти саноатӣ, ташкил кардани истеҳсолоти саноатӣ ё модернизатсияи инноватсионии саноат таъин гардида, аз ҷониби ташкилотҳои тиҷоратӣ ё ғайритиҷоратӣ (ширкатҳои идоракунанда) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон идора карда мешавад; (ҚҶТ аз 23.12.2021с., 1848)

- кластерҳои саноатӣ – маҷмуи субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат, ки бинобар наздикии ҳудудҳо ва вобастагии кориашон ба ҳам алоқаманд буда, бо мақсади коркарди ашёи хом то маҳсулоти ниҳоӣ (моли тайёр) дар ҳудуди як ё якчанд минтақаи кишвар ҷойгир карда мешаванд. (ҚҶТ аз 23.12.2021с., 1848)

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат ба Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  асос ёфта, аз  Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Мақсад ва вазифаҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат

1. Мақсади сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат аз инҳо иборат аст:

- рушди босубот ва инноватсионии саноат;

- афзунгардонӣ ва таъмини рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ ва дар асоси он ҳал намудани вазифаҳои иҷтимоии давлат, таъмини амнияти миллӣ;

- гузариши иқтисодиёти кишвар аз шакли тавлидкунандаи ашёи хом ба истеҳсолкунандаи маҳсулоти ниҳоӣ;

- мусоидат ба шуғли аҳолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ;  (ҚҶТ аз 23.12.2021с., 1848)

- афзун намудани иқтидори содиротии кишвар;

- ташаккул ва рушди чораҳои дастгирии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат;

- навсозии инфрасохтори саноатӣ;

- ташаккули соҳаҳои нави саноат;

- истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири саноатӣ.»;

- ба сархати шашуми қисми 2 пас аз калимаҳои «паркҳои технологӣ» аломат ва калимаҳои «,паркҳои саноатӣ (индустриалӣ)» илова карда шаванд. (ҚҶТ аз 23.12.2021с., 1848)

2. Вазифаҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат аз инҳо иборатанд:

- таъсис ва рушди инфрасохтори саноатӣ ва иҷтимоӣ;

- фароҳам овардани шароити баробар ва рақобатпазирӣ ба субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат;

- афзун гардондани истеҳсоли маҳсулоте, ки ҳиссаи калони арзиши изофа дорад ва дастгирӣ намудани содироти чунин маҳсулот; 

- ҳавасмандгардонии татбиқи натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ, технологияҳои илмбор, воридотивазкунанда, манбаъсарфакунанда ва аз ҷихати экологӣ бехатар, азнавкунии техникии иқтидорҳои истеҳсолӣ;

- таъмини бехатарии саноатӣ, дастгирии истифодаи оқилона ва самараноки иқтидорҳои биоиқлимии кишвар, захираҳои гидроэнергетикӣ ва сарчашмаҳои алтернативии энергия, захираҳои табиӣ, меҳнатӣ ва молиявӣ;

- мусоидат намудан ба рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, савдои наздисарҳадӣ, ташкили маҷмааҳои саноатӣ, марказҳои инжинирингӣ, паркҳои технологӣ ва марказҳои хурди технологӣ, бюрои конструкторию технологӣ, коркардҳои илмию тадқиқотӣ ва конструкторию таҷрибавӣ;

- мусоидат намудан ба азнавсозии тарҳ, диверсификатсия ва таҷдиди истеҳсолот бо назардошти номгӯйи маҳсулоти истеҳсолшаванда ва талаботи бозор.

Моддаи 4. Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат

Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат инҳо мебошанд:

- волоияти қонун ва шаффофияти иттилоотӣ;

- бартарии шарикии давлат ва бахши хусусӣ;

- пешгӯӣ, мониторинг, назорат, ҳамоҳангсозӣ, ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии фаъолият дар соҳаи саноат, азнавкунии саривақтии истеҳсолоти саноатӣ, вобастагии татбиқи чораҳои ҳавасмандгардонӣ ба ноил шудан ба нишондиҳандаҳои ҳадафӣ;

- мувофиқатии чораҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, илмӣ, молиявӣ, иттилоотӣ дар соҳаи саноат;

- ҳамгироӣ ва рақобатпазирии истеҳсолоти саноатӣ, тамоюл ба иҷрои фармоишҳои давлатӣ, таҳкими истеҳсолоти ивазкунандаи воридотӣ ва ба содирот нигаронидашуда; (ҚҶТ аз 23.12.2021с., 1848)

- ҳамгироӣ ва рақобатпазирии истеҳсолоти саноатӣ, тамоюл ба иҷрои фармоишҳои давлатӣ, таҳкими истеҳсолоти ивазкунандаи воридотӣ ва ба содирот нигаронидашуда; - банақшагирии стратегӣ дар соҳаи саноат;

- қобили андоза будани маҳакҳои мақсадноки рушди саноат;

- омезиши шаклу усулҳои танзими давлатӣ ва иқтисоди бозорӣ дар соҳаи саноат;

- таъминот бо захираҳо ва равонасозии онҳо ба рушди соҳаҳои афзалиятноки саноат;

- ҳамгироии илм ва истеҳсолот. (ҚҶТ аз 23.12.2021с., 1848)

Моддаи 5. Мониторинги вазъи амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат

1. Мониторинги вазъи амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноатро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи саноат анҷом медиҳад.

2. Барои татбиқи мониторинги вазъи амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияи (ассотсиатсияи) субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат, иттиҳодияҳои ҷамъиятии дигар ва муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ҷалб карда шаванд.

3. Иттилоотонии мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба натиҷаи мониторинги вазъи амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноатро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи саноат тавассути системаи ягонаи давлатии иттилоотӣ, ки маълумот дар бораи вазъи соҳаҳои гуногуни саноат ва пешгӯии рушди онҳоро дар бар мегирад, амалӣ месозад.

Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат

Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат аз инҳо иборат аст:

- таҳия ва тасдиқи дурнамо, консепсия, стратегия ва барномаҳои рушди соҳаи саноат, аз ҷумла барномаи истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва содиротшаванда;

- муайян намудани соҳаҳои афзалиятноки саноат;

- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи саноат, ваколатҳои мақомоти дигари давлатӣ оид ба амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат;

- тасдиқи тартиби ташкил ва таъмини фаъолияти системаи ягонаи давлатии иттилоотӣ дар соҳаи саноат;

- муқаррар намудани тартиби ташаккул ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ оид ба дастгирии молиявии соҳаҳои саноат;

- муқаррар намудани талабот ва нишондиҳандаҳо (индикаторҳо) нисбати субъектҳои фаъолияти саноатӣ барои татбиқи чораҳои ҳавасмандгардонии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- фароҳам овардани шароити зарурӣ барои ҷалби сармоягузории ватанӣ ва хориҷӣ ба соҳаи саноат, муқаррар намудани механизмҳои молиявӣ ва иқтисодии ҳавасмандгардонии истеҳсолкунандагон;

- дастгирии молиявӣ ва молумулкии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат, аз ҷумла ташкилотҳое, ки суғуртаи қарзҳои содиротӣ ва сармоягузориро аз таваккал амалӣ месозанд;

- содагардонии расмиёти фаъолияти иқтисоди беруна тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мусоидат ба таъсиси корхонаҳои муштарак ва ҳамгироии саноати кишвар ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ;

- муқаррар намудани тартиби ҷойгиркунии фармоиши давлатӣ ба истеҳсоли маҳсулоти саноатии ватанӣ;

- муайян намудани самтҳои асосии рушди инфрасохтори саноатӣ, равияҳои афзалиятноки тадқиқоти илмию техникӣ, технологӣ ва инноватсионӣ;

- амалӣ намудани салоҳияти дигар вобаста ба соҳаи саноат тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 7. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи саноат

Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи саноат мансубанд:

- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдори давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар ин самт;

- таъмини иҷрои дурнамо, консепсия, стратегия ва барномаҳои рушди соҳаи саноат, аз ҷумла барномаи истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва содиротшаванда;

- таҳия ва таъмини иҷрои лоиҳаҳо ва нақшаҳои рушди соҳаи саноат;

- таҳлил ва ҷамъбасти нишондиҳандаҳои молиявӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва нишондиҳандаҳои дигар оид ба вазъи соҳаи саноат, инъикос намудани онҳо дар ҳисоботи ҳарсолае, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад;

- ташкил ва таъмини фаъолияти системаи ягонаи давлатии иттилоотӣ дар соҳаи саноат;

- омодасозӣ ва чопи маърӯзаи ҳарсола дар воситаҳои ахбори омма оид ба вазъ ва рушди соҳаи саноат ва чораҳои ҳавасмандгардонии субъектҳои фаъолият дар соҳаи  саноат;

- пешниҳоди номзадии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат ба мақомоти дахлдор барои дастгирии молиявии давлатӣ, амалигардонии чораҳои дигари дастгирии давлатии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат;

- амалисозии вазифаҳои фармоишгари давлатӣ, дастгирии таъсиси инфрасохтори саноатӣ ва иҷтимоӣ бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- бо тартиби муқарраргардида таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои ҷалби сармоя ба саноат, диверсификатсия ва махсусгардонии истеҳсолоти саноатӣ;

- мусоидат ба рушди ҳамкории байналмилалӣ ва фаъолияти иқтисодии берунаи субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат;

- мусоидат ба истеҳсоли маҳсулоти ватании босифати рақобатпазир ва пешбурди он дар бозори ҷаҳонӣ;

- амалӣ намудани ваколатҳои дигар дар соҳаи саноат мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 8. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи саноат

1. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи саноат аз инҳо иборатанд:

- таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои маҳаллии рушди саноат ва инфрасохтори он;

- дастгирии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои фаъолияти устувори онҳо;

- пешниҳод намудани маълумот ба субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат оид ба захираҳои меҳнатӣ ва талабот ба ташкили ҷойҳои нави корӣ;

- бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намудан ба ҷалби сармоягузорӣ барои таъсиси истеҳсолот ва рушди соҳаи саноат, инчунин фурӯши молҳои саноатии ватанӣ;

- амалӣ намудани назорат ба фаъолияти маҷмӯи саноатӣ, марказҳои инжинирингӣ, паркҳои технологӣ, паркҳои саноатӣ (индустриалӣ) марказҳои хурди технологӣ, бюрои конструкторию технологӣ, инфрасохтори саноатӣ ва истифодаи босамари захираҳои табиӣ ва меҳнатӣ, ҳифзи муҳити зист тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 23.12.2021с., 1848)

- амалисозии ваколатҳои дигар дар соҳаи саноат мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2. Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар ҳудуди дахлдор мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳои коммуналӣ ва корхонаҳои дигари саноатиро таъсис медиҳанд, ба эҳё ва рушди саноати хурд, аз ҷумла қолинбофӣ, адрасбофӣ, дӯзандагӣ, зардӯзӣ, косибӣ, оҳангарӣ ва намудҳои дигари ҳунарҳои халқӣ мусоидат менамоянд.

Моддаи 9. Шӯрои  миллии  назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди саноат

1. Шӯрои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди саноат аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.

2. Шӯрои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди саноат вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд:

- оид ба масъалаҳои рушди соҳаи саноат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ тавсияю пешниҳодҳоро омода месозад;

- баҳисобгирӣ, таҳлил ва ҷамъбасти пешниҳодҳои субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноатро оид ба масъалаҳои рушди соҳаи саноат амалӣ менамояд;

- маълумотҳоро оид ба вазъи саноат таҳлил мекунад, пешниҳоду тавсияҳоро оид ба қабули чораҳои зарурӣ, аз ҷумла нақша, лоиҳа, барнома, консепсия, дурнамо, барнома ва пешгӯиҳои рушди саноатро таҳия менамояд;

- номзадии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноатро, ки барои гирифтани кумаки давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод шудаанд, қаблан баррасӣ менамояд ва оид ба мувофиқати онҳо ба талабот ва индикаторҳои муқарраршуда хулоса медиҳад.

3. Тартиби ташкил ва фаъолияти Шӯрои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди саноат ва ҳайати он тибқи Низомномаи аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда муайян карда мешавад.

Моддаи 91. Паркҳои саноатӣ (индустриалӣ) ; (ҚҶТ аз 23.12.2021с., 1848)

1. Рушди босуръати минтақаҳои кишвар дар асоси татбиқи чораҳои ҳавасмандгардонии фаъолият дар соҳаи саноат, инчунин, фароҳамсозии шароит барои ташаккул ва рушди паркҳои саноатӣ (индустриалӣ), аз ҷумла минтақавӣ, сурат мегирад.  

2. Талабот нисбат ба фаъолияти паркҳои саноатӣ (индустриалӣ) ва ширкати идоракунандаи паркҳои саноатӣ (индустриалӣ) аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд. 

3. Ташкил ва рушди паркҳои саноатӣ (индустриалӣ) дар минтақаҳои кишвар бо назардошти стратегияи рушди минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.  ; (ҚҶТ аз 23.12.2021с., 1848)

Моддаи 92. Ташкил ва рушди кластерҳои саноатӣ ; (ҚҶТ аз 23.12.2021с., 1848)

1. Ташкил ва рушди кластерҳои саноатӣ дар минтақаҳои кишвар бо назардошти стратегияи рушди минтақаҳо ва тарҳи банақшагирии минтақавии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд. 

2. Чораҳои ҳавасмандгардонӣ нисбат ба кластерҳои саноатӣ бо назардошти дастгирии методӣ, ташкилӣ, коршиносӣ, таҳлилӣ ва иттилоотии рушди кластери саноатӣ, аз ҷумла минтақавӣ, амалӣ карда мешаванд. ; (ҚҶТ аз 23.12.2021с., 1848)

БОБИ 2. ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ СУБЪЕКТҲОИ

ФАЪОЛИЯТ ДАР СОҲАИ САНОАТ

Моддаи 10. Дастгирии давлатии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат

1. Дастгирии давлатии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат бо роҳҳои зерин амалӣ мегардад:

- маблағгузорӣ дар шакли грантҳо, мусоидати молиявӣ, кумаки молиявӣ бо мақсади таъсис ва рушди истеҳсолоти саноатӣ, инфрасохтори саноатӣ ва иҷтимоӣ, ҷорӣ намудан ва азхудкунии технологияву иқтидорҳои нав ва истеҳсоли маҳсулоти содиротшаванда;

- пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок аз тариқи бонкҳо; (ҚҶТ аз 23.12.2021с., 1848)

- дар доираи фармоиши давлатӣ додани афзалият ба маҳсулоти саноатии ватанӣ, маҳсулотсупорандагон ва пудратчиёни ватанӣ дар соҳаи саноат;

- мусоидат барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ки ба сохтмони иншооти саноатӣ ё азнавтаҷҳизонии техникии онҳо равона шудаанд;

- расондани кумаки иттилоотӣ ва машваратӣ, аз ҷумла оид ба имкониятҳои дар доираи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намудан барои ба роҳ мондани робитаҳо бо доираҳои тиҷоратии давлатҳои хориҷӣ, дастгирии фаъолияти илмию техникӣ  ва инноватсионии онҳо;

- амалӣ намудани чораҳои дигари дастгирӣ, ки  санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.

2. Дастгирии давлатии дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад.

Моддаи 11. Хусусиятҳои амалисозии дастгирии молиявии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат

Ҳангоми   амалисозии  дастгирии  молиявии  субъектҳои  фаъолият дар соҳаи саноат илова ба талаботи муқарраршуда ва индикаторҳо хусусиятҳои зерин ба ҳисоб гирифта мешаванд:

- дар лоиҳаҳо мавҷуд будани чораҳо оид ба азхудкунии истеҳсолот ва технологияҳои нав, аз ҷумла инноватсионӣ, инчунин меъёрҳое, ки истифодаи самаранок ва оқилонаи захираҳо, чораҳо оид ба афзун намудани бехатарии саноатӣ ва экологиро дар назар доранд;

- пешниҳоди маълумот оид ба истифодаи самараноки воситаҳои молиявӣ ва назорати ҳатмии истифодаи мақсадноки онҳо;

- шартҳои бозпас гардонидани маблағи дастгирии молиявӣ (ба истиснои грант), аз ҷумла ҳангоми ноил нашудан ба нишондиҳандаҳои ниҳоӣ, ки ҳангоми пешниҳод муқаррар гардида буданд.

Моддаи 12. Хориҷ карда шуд бо (ҚҶТ аз 23.12.2021с., 1848)

Моддаи 13. Дастгирии давлатии фаъолияти илмию техникӣ ва инноватсионии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат

Дастгирии давлатии фаъолияти илмию техникӣ ва инноватсионии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат бо роҳҳои зерин амалӣ мегардад:

- дар доираи фармоиши давлатӣ дар нақшаи корҳои илмию тадқиқотии аз ҳисоби давлат маблағгузоришаванда ҷой додани супоришҳо оид ба иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ, таҷрибавӣ, конструкторӣ ва татбиқи амалии онҳо дар истеҳсолоти саноатӣ;

- дар рафти амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи саноат пешбинӣ намудани маблағгузории корҳои илмию тадқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва технологӣ;

- ҳавасмандгардонии талабот ба маҳсулоти инноватсионӣ, аз ҷумла тариқи хариди мол, кор ва хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ;

- фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамоҳангсозӣ, махсусгардонӣ ва кооператсияи субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва инноватсионӣ;

- ҳавасмандгардонии фаъолият оид ба азхудкунӣ ва дар истеҳсолот ҷорӣ кардани натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ, ки ба раванди афзалиятноки рушди илм, техника ва технология мансубанд.

Моддаи 14. Дастгирии иттилоотиву машваратии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат

1. Дастгирии иттилоотиву машваратии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:

- нашр ва пешбурди феҳрист, маълумотнома, бюллетен, махзани маълумот, сомонаҳо дар шабакаи иттилоотию телекоммуникатсионии «Интернет», ки дорои иттилооти иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, истеҳсолию технологӣ ва иттилооти дигар мебошанд ва барои истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ заруранд, аз ҷумла иттилоот дар соҳаи маркетинг ва хариду фурӯши саҳмияҳо;

- ташкил ва гузарондани намоишҳо, ярмаркаҳо, конфронсҳо ё мусоидат барои гузарондани онҳо;

- ҷойгиронии маводи иттилоотию рекламавӣ ё мусоидат намудан барои паҳнкунии онҳо, ба истиснои маводи соҳаи мудофиаи кишвар ва амнияти давлат.

2. Бо мақсади дастгирии иттилоотию машваратии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат, инчунин аз системаи ягонаи давлатии иттилоотӣ дар соҳаи саноат истифода бурда мешавад, ки маълумоти зеринро дар бар мегирад:

- дар бораи вазъи саноат, пешгӯии рушди соҳаҳои он, дар бораи барномаҳои давлатӣ ва маҳаллӣ, вазъи амалишавии онҳо;

- дар бораи субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат;

- дар бораи пешгӯии истеҳсоли намудҳои асосии маҳсулоти саноатӣ, истеҳсоли воқеии онҳо, тавсифи маҳсулоти саноатӣ бо назардошти мансубияти соҳавии он, инчунин ҳаҷми воридот ва содироти маҳсулоти саноатӣ;

- дар бораи истифодаи технологияҳои сарфакунандаи захира ва сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия дар раванди амалисозии фаъолият дар соҳаи саноат;

- дар бораи нишондиҳандаҳои самаранокии татбиқи чораҳои ҳавасмандгардонӣ, аз ҷумла пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок аз тариқи бонкҳо; (ҚҶТ аз 23.12.2021с., 1848)

- иттилооти дигар, ки номгӯи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Моддаи 15. Дастгирии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат ҳангоми хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ

1. Ҳангоми хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ афзалият ба маҳсулоти саноатии ватанӣ, маҳсулотсупорандагон ва пудратчиёни ватанӣ дар соҳаи саноат дода мешавад.

2. Афзалият ба  маҳсулоти саноатии ватанӣ, маҳсулотсупорандагон ва пудратчиёни ватанӣ дар соҳаи саноат дар мавриди мувофиқати он ба шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ таъмин карда мешавад.

Моддаи 16. Дастгирии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат вобаста ба омӯзиши касбӣ, такмили ихтисос ва маҳорати касбии кормандон

Дастгирии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат вобаста ба омӯзиши касбӣ, такмили ихтисос ва маҳорати касбии кормандон бо роҳҳои  зерин амалӣ мегардад:

- мусоидат намудан ба инкишофи заминаи моддии ташкилотҳое, ки ба омӯзиши касбӣ, такмили ихтисос ва маҳорати касбии кормандони соҳа машғуланд;

- мусоидат намудан ба тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси соҳаи саноат ва ҳамкории бевоситаи муассисаҳои таълимӣ бо корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла гузарондани таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯён;

- бо иштироки корфармоён ва иттиҳодияҳои онҳо таҳия намудани барномаҳои тайёрии касбӣ ва бозомӯзӣ;

- кумаки таълимию методологӣ ва илмию методӣ ба субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат;

- амалӣ намудани чораҳои дигари дастгирии субъектҳои  фаъолият дар соҳаи саноат вобаста ба омӯзиши касбӣ, такмили ихтисос ва маҳорати касбии кормандон.

Моддаи 161. Дастгирии давлатии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат дар самти фаъолияти иқтисодии хориҷӣ 

Дастгирии давлатии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат дар самти фаъолияти иқтисодии хориҷӣ бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:

- мусоидат барои ба бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ расондани маҳсулоти саноатии дар ҳудуди кишвар истеҳсолшуда;

- татбиқи чораҳои дигар оид ба дастгирии давлатии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат, ки ба содироти маҳсулоти саноатии дар ҳудуди кишвар истеҳсолшуда машғуланд. (ҚҶТ аз 23.12.2021с., 1848)

 

БОБИ 3. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 17. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 18. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2018 мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

         Президенти 

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                    Эмомалӣ РАҲМОН

 

       ш. Душанбе

 30 майи соли 2017

          № 1415