ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2065 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2033 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.02.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2026 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.01.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Чшб, 29/11/2023 - 15:01
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рақам: 
1968
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
22.06.2023
                                                      ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
                                                   ДАР БОРАИ НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 7 июни соли 2023, № 1018
қабул карда шуд
 
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 16 июни соли 2022, № 385
ҷонибдорӣ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 27.12.2023 № 2015, аз 20.06.2024 № 2056)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкили ва иқтисодии низоми иҷозатдиҳӣ, меъёрҳои муайянкунии намудҳои фаъолият ва ё амалҳоеро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи низоми иҷозатдиҳӣ танзим карда мешаванд, муқаррар намуда, ба таъмини риояи стандартҳо, шартҳои иҷозатдиҳӣ ва талаботу шартҳои тахассусӣ, инчунин ба таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шахс, ҷомеа ва давлат равона гардидааст.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
1) анҷом додани амалҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ - амалҳои маъмурии дорои хусусияти якдафъаинаи мақомоти иҷозатдиҳанда оид ба мувофиқасозии анҷом додани намудҳои муайяни фаъолият, амалҳо ва ё санадҳои субъектҳои хоҷагидор;
2) аризадиҳанда - субъекти хоҷагидоре, ки ба мақомоти иҷозатдиҳанда бо ариза дар бораи гирифтани иҷозатнома, ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, анҷом додани амалҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ ва қабули огоҳинома оид ба анҷом додани намуди мушаххаси фаъолият ва ё амал муроҷиат намудааст;
3) гирифтани огоҳинома - амали маъмурии дорои хусусияти якдафъаинаи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба қабули огоҳинома ва ҳуҷҷатҳои ба он замимагардида, ки аз тарафи субъектҳои хоҷагидор дар мавриди огоҳсозӣ дар бораи оҷози амалисозии намудҳои муайяни фаъолияти соҳибкорӣ ва анҷом додани амалҳои муайян равона шудааст;
4) дорандаи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ - субъекти хоҷагидоре, ки ҳуҷҷати иҷозатдиҳии амалкунанда дорад;
5) иҷозатнома - ҳуҷҷати маъмурии махсуси дорои хусусияти иҷозатдиҳӣ, ки аз ҷониби мақоми иҷозатдиҳанда ба субъекти хоҷагидор барои амалисозии намудҳои муайяни фаъолият ё амали марбут ба сатҳи баланди таваккал бо риояи шартҳои иҷозатдиҳӣ ва талаботу шартҳои тахассусӣ дода мешавад;
6) иҷозатномадор - субъекти хоҷагидоре, ки барои амалӣ намудани фаъолият ё амали махсус иҷозатномаи амалкунанда дорад;
7) кор ё хизматрасоние, ки гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳиро талаб мекунад - кор ё хизматрасоние, ки иҷрои он бе гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ бо тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур манъ аст;
8) мақомоти иҷозатдиҳанда - мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ки барои додани иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, анҷом додани амалҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, қабули огоҳиномаҳо ваколатдор шудаанд;
9) мақомоти иҷроияи иҷозатдиҳанда - мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ки барои қабули ариза оид ба намудҳои фаъолияте, ки ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидоштаи он бо қарор ё фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад, ваколатдор шудаанд;
10) маъқулдонии худ аз худ - расмиёте, ки дар натиҷаи он иҷозатнома, ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, санади тасдиқ ва мувофиқасозӣ, қабули огоҳиномаҳои додашуда, аз нав ба расмият даровардашуда ва барқароршуда ҳисобида мешавад, агар мақоми иҷозатдиҳанда вобаста ба ариза дар муҳлат ва бо шартҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст, бо огоҳонидани аризадиҳанда қарор қабул накарда бошад;
11) моле, ки гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳиро талаб мекунад - моле, ки воридоти он ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содироти он аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ихтиёрдории он дар асоси ҳуҷҷати иҷозатдиҳии мутобиқи талаботи Қонуни мазкур гирифташуда амалӣ карда мешавад;
12) намуди фаъолияти иҷозатномашаванда - фаъолият ё амали махсусе, ки барои амалисозии он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Қонуни мазкур бояд иҷозатнома гирифта шавад;
13) низоми иҷозатдиҳӣ - низоми фаъолияти мақомоти иҷозатдиҳанда оид ба баррасии аризаҳо барои додани иҷозатнома, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, анҷом додани амалҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, инчунин додани иҷозатнома, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, анҷом додани амалҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, азнавбарасмиятдарорӣ, боздоштан, барқарор ва бекор кардани иҷозатнома, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, анҷом додани амалҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, қабули огоҳиномаҳои субъектҳои хоҷагидор;
14) низоми давлатии иттилоотии додани иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, огоҳиномаҳои гирифташуда (минбаъд - низоми давлатии иттилоотӣ) - маҷмуи воситаҳои барномавӣ, усулҳо ва расмиёти қабули дархости электрони барои додани иҷозатнома, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, анҷом додани амалҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, огоҳиномаҳои гирифташуда, қабул, коркард, интиқол, нигоҳдорӣ, санҷиши пуррагии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ва барасмиятдарории иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, огоҳиномаҳои гирифташуда, пешбурди феҳристи иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, огоҳиномаҳои гирифташуда;
15) низоми электронӣ барои додани ариза (минбаъд - низоми электронӣ) - низоми иттилоотие, ки аз тарафи аризадиҳанда барои додани ариза дар бораи пешниҳод, азнавбарасмиятдарорӣ, қатъ кардан, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома, ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, инчунин дар бораи гузаштани расмиёти тасдиқ ва мувофиқасозӣ, ирсоли огоҳиномаҳо дар шакли рақамӣ, тариқи реҷаи мустақим (онлайн) истифода гардида, ҷузъи таркибии низоми давлатии додани иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, ирсоли огоҳиномаҳо мебошад;
16) огоҳинома - ҳуҷҷате, ки аз ҷониби аризадиҳанда дар шакли тасдиқшуда тартиб дода шудааст ва дар бораи оғоз ё анҷом додани намуди муайяни фаъолият ё амал хабар медиҳад;
17) субъекти хоҷагидор - шахси ҳуқуқӣ (новобаста ба шакли моликият), аз ҷумла филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ ва соҳибкори инфиродие, ки фаъолияти соҳибкориро амалӣ менамояд;
18) талабот ва шартҳои тахассусӣ - маҷмуи талабот ва шартҳои муқарраршудае, ки иҷрои онҳо барои иҷозатномадор, шахсе, ки ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ гирифтааст ва шахсе, ки расмиёти тасдиқ ва мувофиқасозӣ, инчунин огоҳиномасозиро гузаштааст, ҳатмӣ мебошанд;
19) феҳристҳои иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, огоҳиномаҳои гирифташуда - маҷмуи маълумот дар бораи иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозии додашуда, аз нав ба расмият даровардашуда, боздошташуда, барқарор ва бекор кардашуда, огоҳиномаҳои гирифташуда, ки ҷузъи таркибии низоми давлатии иттилоотӣ мебошанд;
20) феҳристи ягонаи давлатии иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, огоҳиномаҳои гирифташаванда - номгӯйи мукаммали ҳамаи иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, огоҳиномаҳои гирифташаванда, махзани ҷамъбастии маълумот ва иттилоот оид ба ҳамаи намудҳои иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, огоҳиномаҳои гирифташуда;
21) ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ - ҳуҷҷати маъмурии дорои хусусияти иҷозатдиҳӣ дар шакли иҷозат, сертификат, хулоса, шаҳодатнома, аттестат, рухсатнома, бақайдгирӣ, супориш, қарор ва намуди дигари ҳуҷҷати дорои хусусияти иҷозатдиҳӣ, ки аз ҷониби мақомоти иҷозатдиҳанда ба субъекти хоҷагидор барои анҷом додани фаъолият ё амали муайян ва ё барои намудҳои муайяни мол, кор ва хизматрасонӣ бо нишон додани муҳлати амали он бо риояи ҳатмии шартҳои иҷозатдиҳӣ ва талаботу шартҳои тахассусӣ дода мешавад;
22) ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта - иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, огоҳиномаҳо;
23) шартҳои иҷозатдиҳӣ - маҷмуи талабот ва шартҳое, ки аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ бармеоянд ва иҷро намудани онҳо аз ҷониби аризадиҳанда зимни гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳатмӣ мебошад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур
Амали Қонуни мазкур нисбат ба фаъолият ва ё амалҳое паҳн мегардад, ки дар феҳристи ягонаи давлатии иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, огоҳиномаҳои гирифташаванда пешбинӣ шудааст.
Моддаи 4. Меъёрҳои муайянкунии намудҳои фаъолият ва ё амалҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи низоми иҷозатдиҳӣ танзим карда мешаванд
1. Меъёрҳои муайянкунии намудҳои фаъолият ва ё амалҳо, инчунин мол, кор ва хизматрасоние, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидоштаро талаб менамоянд, намудҳои фаъолият ва ё амалҳоеро дар бар мегиранд, ки ба таваккал асос ёфта, амалисозии онҳо метавонад ба ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахс, муҳити зист, мудофиа ва амнияти давлат, мероси таърихию фарҳангӣ зарар расонад ва танзими онҳо, ба ғайр аз низоми иҷозатдиҳӣ, бо роҳҳои дигар имконнопазир аст.
2. Ба намудҳои фаъолият ва ё амалҳое, ки гирифтани иҷозатнома, ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, санади тасдиқ ва мувофиқасозӣ, фиристодани огоҳиномаро талаб менамоянд, намудҳои фаъолият ва ё амалҳое дохил мешаванд, ки ба яке аз меъёрҳои зерин ҷавобгӯй мебошанд:
1) зарурати истифодабарии захираҳои маҳдуди давлатӣ;
2) зарурати муқаррар намудани талабот ва шартҳои тахассусӣ нисбат ба фаъолият ва ё амалҳо, назорати риояи онҳо дар ҷараёни фаъолият ва ё амалҳо бо мақсади роҳ надодан ба расонидани зарар ба ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахс, муҳити зист, мудофиа ва амнияти давлат, мероси таърихию фарҳангӣ.
Моддаи 5. Феҳристи ягонаи давлатии иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, огоҳиномаҳои гирифташаванда ва тартиби ворид намудани тағйирот ба он
1. Феҳристи ягонаи давлатии иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, огоҳиномаҳои гирифташаванда (минбаъд - феҳристи ягонаи давлатӣ) бо Қонуни мазкур муқаррар карда мешавад (замима мегардад).
2. Дар феҳристи ягонаи давлатӣ маълумоти зерин нишон дода мешаванд:
1) намуди фаъолият ва амалҳои иҷозатномашаванда, зернамудҳои фаъолият ва амалҳои иҷозатномашаванда;
2) номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои фаъолият ва амалҳо, зернамудҳои фаъолият ва амалҳо, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд;
3) номгӯйи санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ барои анҷом додани фаъолият ва амалҳо, зернамудҳои фаъолият ва амалҳое, ки барои анҷом додани онҳо санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозиро талаб менамоянд;
4) номгӯйи огоҳиномаҳои гирифташаванда барои фаъолият ва амалҳо;
5) андозаи хироҷ барои иҷозатномадиҳӣ, додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, анҷом додани амалҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, гирифтани огоҳинома бо нишондиҳанда барои ҳисобҳо (хироҷ барои баррасии ариза, хироҷи яккарата барои додан ва минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома, ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, анҷом додани амалҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, гирифтани огоҳинома).
3. Ворид (ҷорҳ) намудани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта, тағйир додан ва хориҷ кардани онҳо танҳо бо роҳи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба феҳристи ягонаи давлатӣ амалӣ карда мешавад.
4. Мақомоти иҷозатдиҳанда ҳуқуқ надоранд ба субъектҳои хоҷагидор ҳуҷҷатҳоеро диҳанд, ки хусусияти иҷозатдиҳӣ дошта, дар феҳристи ягонаи давлатӣ мавҷуд набошанд. Аз ҷониби мақомоти давлатӣ, ки дар феҳристи ягонаи давлати пешбинӣ нагардидаанд, додани ҳуҷҷатҳои дорои хусусияти иҷозатдиҳидошта ба субъектҳои хоҷагидор манъ аст.
Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи низоми иҷозатдиҳӣ
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи низоми иҷозатдиҳӣ мансубанд:
1) таҳияи сиёсати давлатӣ дар соҳаи низоми иҷозатдиҳӣ;
2) муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ;
3) муайян намудани мақомоти иҷозатдиҳанда;
4) тасдиқи тартиби додани иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, қабули огоҳиномаҳо;
5) додани иҷозатнома ва ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;
6) тасдиқи тартиби гузаронидани санҷиши фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ;
7) тасдиқи қоидаҳои пешбурди феҳристи иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, қабули огоҳиномаҳо;
8) амалӣ намудани салоҳияти дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 7. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ
Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ дохил мешаванд:
1) амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ;
2) мониторинги иҷрои Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷиҳати иҷрои Қонуни мазкур қабулгардида ва пешниҳод намудани иттилооти ҳарсола аз натиҷаҳои он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) санҷиши фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ;
4) тасдиқ намудани шакли намунавии ариза дар бораи гирифтани иҷозатнома, ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, қабули огоҳиномаҳо;
5) пешниҳоди таклифҳо оид ба такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ;
6) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 8. Ваколатҳои мақомоти иҷозатдиҳанда
Ба ваколатҳои мақомоти иҷозатдиҳанда дохил мешаванд:
1) баррасии аризаҳо барои гирифтани иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, қабули огоҳиномаҳо;
2) додани иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, қабули огоҳиномаҳо;
3) азнавбарасмиятдарории иҷозатномаҳо ва ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ;
4) боздоштани амали иҷозатнома ва ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;
5) барқарор намудани амали иҷозатнома ва ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;
6) додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;
7) рад кардан аз додани иҷозатнома ва ҳуҷҷати иҷозатдиҳи, анҷом додани амалҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, қабули огоҳиномаҳо;
8) пешбурди феҳристҳои иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, огоҳиномаҳои гирифташуда;
9) дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ тасдиқ намудани шаклҳои иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи қабули огоҳиномаҳо;
10) аз иҷозатномадор, дорандаи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, субъекти хоҷагидор, ки аз расмиёти тасдиқ ва мувофиқасозӣ, инчунин огоҳсозӣ гузаштааст, талаб намудани маълумот оид ба риояи шартҳои иҷозатдиҳӣ, талабот ва шартҳои тахассусӣ;
11) санҷиши риояи талабот ва шартҳои додани иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, қабули огоҳиномаҳо;
12) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 9. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи иҷозатдиҳанда
Дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта аз ҷониби мақомоти иҷроияи иҷозатдиҳанда амалӣ карда мешавад.
Моддаи 10. Амалӣ намудани назорат
1. Назорати риояи шартҳои иҷозатдиҳӣ, талабот ва шартҳои тахассусӣ аз ҷониби мақомоти иҷозатдиҳанда дар доираи ваколатҳо дар шакли мониторинг, санҷиш, дархости маълумоти дахлдор аз субъекти хоҷагидор, талаби маълумоти оморӣ ва таҳлили он оид ба фаъолияти субъекти хоҷагидор амалӣ карда мешавад.
2. Санҷиши риояи шартҳои иҷозатдиҳӣ, талабот ва шартҳои тахассусӣ бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор" амалӣ карда мешаванд.
Моддаи 11. Амали ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта
1. Намуди фаъолият ва ё амалҳое, ки барои амалисозии онҳо ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта гирифта шуда аст, аз ҷониби дорандаи онҳо анҷом дода мешаванд.
2. Ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамоянд.
3. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта метавонанд берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон низ амал намоянд.
4. Субъектҳои хоҷагидори хориҷӣ метавонанд бо шартҳое ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидоштаро гиранд, ки барои субъектҳои хоҷагидори Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд, агар бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбини нашуда бошад. Барои гирифтани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта субъектҳои хоҷагидори хориҷӣ бояд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон филиал ё намояндагӣ дошта бошанд.
5. Барои анҷом додани як намуди фаъолият ва ё амал дар як вақт додани иҷозатнома ва ҳуҷҷатҳои дигари хусусияти иҷозатдиҳидошта манъ аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта ҳуҷҷатҳои якдафъаина буда, барои фаъолият ва ё амали мушаххасе дода мешаванд, ки дар иҷозатномаи додашуда пешбинӣ шудааст.
Моддаи 12. Муҳлати амали ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта
1. Иҷозатномаҳо ва ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, ба истиснои иҷозатнома барои фаъолият оид ба истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ, ба муҳлати номаҳдуди амал дода мешаванд. Муҳлати амали иҷозатнома барои фаъолият оид ба истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
2. Муҳлати амали иҷозатнома ва ҳуҷҷати иҷозатдиҳии дорои амали якдафъаина аз лаҳзаи анҷом додани фаъолият ва ё амали якдафъаинаи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба охир мерасад.
3. Муҳлати амали иҷозатнома ва ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ бо асосҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур қатъ мегардад.
4. Санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, огоҳиномаҳо хусусияти якдафъаина дошта, бемуҳлат мебошанд.
Моддаи 13. Хироҷ барои додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта
1. Барои баррасии ариза дар бораи гирифтани иҷозатнома, ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, қабули санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, огоҳинома, инчунин барои додани иҷозатнома, ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, қабули санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, огоҳинома тибқи нишондиҳанда барои ҳисобҳои дар замимаи Қонуни мазкур пешбинигардида тариқи ғайринақдӣ хироҷ пардохт карда шуда, ба буҷети давлатии дахлдор тибқи тартиби додани иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, қабули огоҳиномаҳо (минбаъдтартиби додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта) гузаронда мешавад (Ѕонуни ӢТ аз 20.06.2024 № 2056).
2. Хироҷ барои баррасии ариза дар бораи додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта баргардонида намешавад.
3. Барои додани иҷозатнома барои фаъолият оид ба истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои фаъолияте, ки якчанд намуди корро дар бар мегирад, танҳо маблағи ҳадди баландтари пешбининамудаи замимаи Қонуни мазкур пардохт карда мешавад (Ѕонуни ӢТ аз 20.06.2024 № 2056).
4. Хироҷ барои додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта хароҷоти ташхис, экспертиза, таҳлил ва озмоишҳои лабораториро, ки ҳангоми додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта сурат мегиранд, дар бар намегирад. Арзиши чунин ташхис, экспертиза, таҳлил ва озмоишҳои лабораторӣ бояд дар сомонаи расмии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ ва мақомоти иҷозатдиҳандаи дахлдор интишор карда шавад.
Моддаи 14. Феҳристҳои иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, огоҳиномаҳои гирифташуда
1. Мақомоти иҷозатдиҳанда ба таври доимӣ феҳристҳои иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, огоҳиномаҳои гирифташуда (минбаъд - феҳристҳои ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта)-ро дар шакли электронӣ дар низоми давлатии иттилоотӣ пеш мебаранд.
2. Мақомоти давлатӣ барои амалӣ намудани ваколатҳои худ уҳдадоранд, ки иттилоотро дар бораи иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, огоҳиномаҳои гирифташуда аз феҳристҳои ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта бе талаб кардани тасдиқи иттилооти зикргардида аз тарафи субъектҳои хоҷагидор гиранд.
3. Феҳристҳои ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта яке аз асосҳо барои ташаккули низоми арзёбии дараҷаи таваккалнокии субъектҳои хоҷагидор ва банақшагирии гузарондани санҷишҳо аз тарафи мақомоти иҷозатдиҳанда мебошанд.
4. Иттилооте, ки дар феҳристҳои ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта мавҷуд аст, ошкоро ва дастраси умум мебошад.
Моддаи 15. Қоидаҳои умумии додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта
1. Қоидаҳои умумии додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидоштаро Қонуни мазкур ва тартиби додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта муқаррар намуда, инҳоро дар бар мегиранд:
1) додани ариза дар бораи гирифтани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта;
2) шартҳо ва талабот барои додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта;
3) номгӯйи ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта заруранд;
4) намудҳои фаъолият ва амалҳое, ки барои амалисозии онҳо ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта талаб карда мешаванд;
5) номгӯйи мақомоти иҷозатдиҳанда, ки барои додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта ваколатдор мебошанд;
6) андозаи хироҷ барои ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта дар шакли нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
7) ҳуқуқу уҳдадориҳои субъектҳои хоҷагидор ҳангоми гирифтани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта;
8) талабот ба шакли ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта;
9) расмиёти додан, аз нав ба расмият даровардан, бекор кардан, боздоштан, бозхонд кардан ё қатъ намудани амали ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта, ки бо қонунҳо муқаррар карда шудаанд;
10) амал дар соҳаи додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта.
2. Мақомоти иҷозатдиҳанда ҳуқуқ надоранд қоидаҳои дигари додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидоштаро, ки Қонуни мазкур ва тартиби додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта пешбинӣ накардаанд, муқаррар намоянд.
БОБИ 2. ПРИНСИПҲОИ НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ
Моддаи 16. Принсипҳои низоми иҷозатдиҳӣ
Низоми иҷозатдиҳӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:
1) қонуният, беғаразӣ, поквиҷдонӣ ва ошкорбаёнӣ;
2) ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
3) шаффофияти низоми иҷозатдиҳӣ;
4) муқаррар намудани қоидаҳои ягонаи додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта;
5) муқаррар намудани шартҳо ва талаботи ягонаи додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта;
6) маъқулдонии худ аз худ;
7) таъмини фазои ягонаи иқтисодӣ дар ҳудуди давлат;
8) ҳифзи манфиатҳои шахс, ҷомеа ва давлат дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ;
9) гузарондани таҳлили таъсири танзимкунӣ ҳангоми ҷорӣ намудани намудҳои нави ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта барои анҷом додани фаъолият ва ё амали муайян;
10) ба манфиати субъекти хоҷагидор шарҳ додани ҳама гуна шубҳа, носаҳеҳӣ, ихтилофот ва гуногунфаҳмиҳо дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии бо низоми иҷозатдиҳӣ алоқаманд.
Моддаи 17. Шаффофияти низоми иҷозатдиҳӣ
1. Мақомоти иҷозатдиҳанда уҳдадоранд, ки дар бораи тағйиру иловаҳо ба Қонуни мазкур, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ иттилоъ диҳанд ва шаффофияти фаъолияти худро ҳангоми қабули қарорҳо дар бораи додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта бо роҳи ҷалб намудани субъектҳои хоҷагидор ба ҷараёни таҳия ва муҳокимаи тағйиру иловаҳои пешниҳодшаванда ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабули қарорҳо дар бораи додан ё рад кардани додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта таъмин намоянд.
2. Мақомоти иҷозатдиҳанда шаффофияти танзими низоми иҷозатдиҳиро тавассути дастрасии озоди субъектҳои хоҷагидор ба лоиҳаҳои таҳияшавандаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ ва интишори онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд.
3. Иттилоот оид ба ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидоштае, ки бо Қонуни мазкур муқаррар гардидаанд, дар сомонаҳои расмии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ ва мақомоти иҷозатдиҳанда ҷойгир карда мешавад.
4. Феҳристи ягонаи давлатӣ дар сомонаҳои расмии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ ва мақомоти иҷозатдиҳанда ҷойгир карда шуда, дастрасӣ ба он тавассути низоми давлатии иттилоотӣ ройгон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 18. Маъқулдонии худ аз худ
1. Иҷозатнома (ба истиснои иҷозатномаи фаъолият оид ба истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ) ё ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ додашуда, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ амалишуда, огоҳинома қабулшуда ҳисобида мешавад, агар мақомоти иҷозатдиҳанда дар муҳлати муқаррарнамудаи Қонуни мазкур дар бораи додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта ба аризадиҳанда ҷавоб надода бошанд.
2. Ҳангоми ба миён омадани ҳолати дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида, мақомоти иҷозатдиҳанда дар муҳлати то панҷ рӯзи корӣ пас аз гузаштани муҳлати зикргардида ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидоштаро медиҳанд.
3. Пас аз гузаштани муҳлати бо Қонуни мазкур муқарраргардидаи додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта ва дар сурати набудани огоҳиномаи хаттии мақомоти иҷозатдиҳанда, аризадиҳанда метавонад ба фаъолият ё амале, ки барои он ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта дархост намудааст, дар асоси маълумотномаи мақомоти иҷозадиҳанда дар бораи қабули ариза ва ҳуҷҷатҳои ба он замимагардида оғоз намояд.
4. Расмиёти маъқулдонии худ аз худ нисбат ба ҳамаи ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта, ки ба феҳристи ягонаи давлатӣ дохил шудаанд, татбиқ карда мешавад.
5. Рад кардани додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта, ки дар муҳлати муқаррарнамудаи Қонуни мазкур анҷом дода шудаанд, ҳуқуқи субъекти хоҷагидорро аз истифодаи маъқулдонии худ аз худ истисно менамояд.
6. Агар пас аз додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта, ки дар асоси онҳо оғоз намудани фаъолияти соҳибкорӣ ва ё пешбурди он иҷозат дода мешавад, мақомоти иҷозатдиҳанда далели иҷро нагардидани шартҳои иҷозатдиҳиро муқаррар намоянд, иҷозатномадор, дорандаи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, шахсеро, ки аз расмиёти тасдиқ ва мувофиқасозӣ, инчунин огоҳсозӣ гузаштааст, мақомоти иҷозатдиҳанда дар бораи камбудиҳои ошкоргардида на дертар аз як моҳ хабардор менамоянд. Муҳлати бартараф кардани камбудиҳои ошкоргардида наметавонад аз шаст рӯзи тақвимӣ зиёд бошад.
Моддаи 19. Ҳифзи манфиатҳои қонунии шахс, ҷомеа ва давлат дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ
1. Фаъолияти низоми иҷозатдиҳӣ бо мақсади таъмини сатҳи кофии бехатарии фаъолият ё амалҳо, ҳифзи ҳадди аксари самараноки ҳуқуқӣои истеъмолкунандагон бо сарбории ҳадди ақалли аз лиҳози объективӣ зарурӣ ба субъектҳои хоҷагидор амалӣ карда мешавад.
2. Талабот ва шартҳои тахассусӣ бояд маҷмуи ҳадди ақалли зарурии стандартҳо ва нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва сифатиро таъмин намоянд, ки ба аризадиҳанда барои таъмини сатҳи зарурии бехатарии фаъолият ва амалҳои дарпешистода кифоя мебошанд.
Моддаи 20. Таҳлили таъсири танзимкунӣ
Лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд таҳти таҳлили таъсири танзимкунӣ қарор дода шаванд.
БОБИ 3. РАСМИЁТИ ДОДАН, АЗ НАВ БА РАСМИЯТ ДАРОВАРДАН, БЕКОР КАРДАН, БОЗДОШТАН Ё ҚАТЪ НАМУДАНИ АМАЛИ ИҶОЗАТНОМА
Моддаи 21. Ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани иҷозатнома заруранд
1. Барои гирифтани иҷозатнома аризадиҳанда ё шахси ваколатдори он ба мақомоти иҷозатдиҳанда ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:
1) ариза дар бораи гирифтани иҷозатнома бо нишон додани намуди фаъолият ё амал;
2) нусхаи ҳуҷҷате, ки бақайдгирии давлатии субъекти хоҷагидорро тасдиқ мекунад;
3) ҳуҷҷати тасдиқкунанадаи пардохти хироҷ барои баррасии ариза;
4) ваколатнома барои намояндагии манфиатҳо ба номи шахси ваколатдор, агар ҳуҷҷатҳо барои гирифтани иҷозатнома аз ҷониби намояндаи аризадиҳанда пешниҳод шаванд.
2. Ариза дар бораи гирифтани иҷозатнома дар шакли хаттӣ ё тавассути низоми электронӣ пешниҳод карда мешавад. Аризадиҳанда барои дурустии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда масъул мебошад. Ҳангоми додани ариза дар бораи гирифтани иҷозатнома тавассути низоми электронӣ ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар шакли электронӣ пешниҳод карда мешаванд.
3. Ариза дар бораи гирифтани иҷозатнома ва ҳуҷҷатҳои ба он замимагардида аз рӯйи номгӯй ба қайд гирифта мешаванд. Маълумотнома дар бораи қабули ариза ва ҳуҷҷатҳои ба он замимагардида, ки бо имзои шахси масъул ва муҳри мақомоти иҷозатдиҳанда бо сабти рӯзи бақайдгирӣ тасдиқ карда шудааст, ба аризадиҳанда фиристода (супорида) ё тавассути низоми электронӣ хабар дода мешавад.
4. Вобаста ба хусусияти фаъолияти соҳибкорӣ, ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида, дар тартиби додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта метавонад пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дигари тасдиқкунандаи мутобиқати аризадиҳанда ба талабот ва шартҳои муқарраргардида барои додани иҷозатнома пешбинӣ карда шавад.
5. Аз аризадиҳанда талаб кардани ҳуҷҷатҳои дигаре, ки бо Қонуни мазкур ва тартиби додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта пешбинӣ нашудаанд, манъ аст.
6. Ариза дар бораи гирифтани иҷозатнома дар ҳолатҳои зерин ба субъекти хоҷагидор баргардонида мешавад, агар:
1) аз ҷониби шахсе имзо шуда бошад, ки барои ин ваколат надорад;
2) ҳуҷҷатҳо бо вайронкунии талаботи моддаи мазкур ва тартиби додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта ба расмият дароварда шуда бошанд.
7. Огоҳинома дар бораи баргардонидани ариза дар бораи гирифтани иҷозатнома ба аризадиҳанда дар шакли хаттӣ ё тавассути низоми электронӣ дар муҳлати на зиёда аз панҷ рӯзи кории пас аз рӯзи додани ариза бо нишон додани асос барои баргардонидани ариза супорида ё ирсол карда мешавад.
8. Баъд аз бартараф намудани камбудиҳое, ки боиси баргардонидани ариза дар бораи гирифтани иҷозатнома гардидаанд, аризадиҳанда метавонад аризаи нав пешниҳод кунад ва он бояд бо тартиби муқарраргардида баррасӣ карда шавад.
Моддаи 22. Қабули қарор дар бораи додан ё рад кардани додани иҷозатнома
1. Қарор дар бораи додан ё рад кардани додани иҷозатнома, ба истиснои иҷозатномаҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд, дар муҳлати на зиёда аз сӣ рӯзи тақвимии воридшавии ариза дар бораи додани иҷозатнома бо ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ қабул карда мешавад. Қарори дахлдор бо санади мақомоти иҷозатдиҳанда ба расмият дароварда мешавад.
2. Муҳлати қабули қарор дар бораи додан ё рад кардани додани иҷозатномаи аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон додашаванда тибқи тартиби додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта муайян карда мешавад.
3. Муҳлати кутоҳтари қабули қарор дар бораи додан ё рад кардани додани иҷозатнома вобаста ба хусусияти фаъолият метавонад дар тартиби додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта муқаррар карда шавад.
4. Маълумот оид ба қабули қарор дар бораи додани иҷозатнома дар муҳлати муқаррарнамудаи қисми 1 моддаи мазкур ба аризадиҳанда дар шакли хаттӣ ва тавассути низоми электронӣ бо нишон додани мушаххасоти суратҳисоби бонкӣ ва муҳлати пардохти хироҷ барои додани иҷозатнома фиристода (супорида) мешавад.
5. Дар мавриди қабули қарор дар бораи рад кардани ариза дар бораи гирифтани иҷозатнома мақомоти иҷозатдиҳанда уҳдадоранд, ки дар муҳлати муқаррарнамудаи қисми 1 моддаи мазкур аризадиҳандаро бо нишон додани асосҳои радкунӣ хабардор намоянд.
6. Дар давоми се рӯзи баъди аз ҷониби аризадиҳанда пешниҳод гардидани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти хироҷ барои додани иҷозатнома, ба он иҷозатнома дода мешавад. Иҷозатнома аз ҷониби мақомоти иҷозатдиҳанда ба аризадиҳанда бо имзо дар дафтари баҳисобгирии аризаҳо ва иҷозатномаҳои додашуда супорида шуда, нусхаи электронӣ бо тартиби муқарраргардида ба суроғаи электронии он ирсол карда мешавад.
7. Асосҳои рад кардани додани иҷозатнома:
1) аз ҷониби аризадиҳанда дар ҳаҷми пурра пешниҳод нагардидани ҳуҷҷатҳо;
2) ошкор гардидани маълумоти нодуруст дар ҳуҷҷатҳое, ки аризадиҳанда пешниҳод намудааст;
3) мутобиқ набудани объектҳои ба аризадиҳанда тааллуқдошта (аз ҷониби аризадиҳанда истифодашаванда) ба талаботи иҷозатномадиҳӣ;
4) хулосаи манфии мақомоти дахлдор дар бораи мутобиқат ба шартҳо ва талабот оид ба намуди пешбинигардидаи фаъолият.
8. Рад кардан аз додани иҷозатнома бо асосҳои дигаре, ки Қонуни мазкур муқаррар накардааст, манъ аст.
9. Аризадиҳанда ҳуқуқ дорад нисбат ба қарори мақомоти иҷозатдиҳанда дар бораи рад кардани додани иҷозатнома тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят намояд.
10. Пас аз гузаштани муҳлати пешбининамудаи қисми 1 моддаи мазкур, ҳангоми набудани огоҳиномаи хаттӣ дар бораи рад кардани додани иҷозатнома, он додашуда эътироф мегардад ва аризадиҳанда метавонад фаъолиятеро, ки барои он иҷозатнома дархост карда буд, тибқи принсипи маъқулдонии худ аз худ амалӣ намояд.
11. Дар сурати ба миён омадани ҳолати маъқулдонии худ аз худ, мақомоти иҷозатдиҳанда уҳдадоранд, ки иҷозатномаро дар муҳлати муқаррарнамудаи қисми 1 моддаи мазкур диҳанд.
Моддаи 23. Додан ё рад кардани додани иҷозатнома аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Иҷозатномае, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти иҷозатдиҳанда дода мешавад, бо фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда мешавад.
2. Дар фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба додани иҷозатнома нишон дода мешаванд:
1) муҳлати амали иҷозатнома;
2) муайян кардани шахси мансабдори ваколатдор ҷиҳати аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонидани иҷозатнома;
3) муҳлати баимзорасонии иҷозатнома аз ҷониби шахси мансабдори ваколатдор;
4) уҳдадории бастани шартномаи сармоягузорӣ бо мақомоти ваколатдори давлатӣ, ҳангоми зарурат.
3. Рад кардани ариза дар бораи додани иҷозатнома барои фаъолият оид ба истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ бо санади дахлдори мақомоти иҷроияи иҷозатдиҳанда ба расмият дароварда мешавад.
Моддаи 24. Таркиби иҷозатнома
Дар иҷозатнома нишон дода мешаванд:
1) номи мақоми иҷозатдиҳанда;
2) ном, шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва маҳалли ҷойгиршавии иҷозатномадор - барои шахси ҳуқуқӣ;
3) насаб, ном, номи падар, маҳалли истиқомат, унсурҳо (реквизитҳо)-и ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият - барои соҳибкори инфиродӣ;
4) намуди фаъолият ва амалҳои иҷозатномашаванда (зернамуди фаъолият ва амалҳое, ки гирифтани иҷозатномаро талаб менамоянд);
5) рақами иҷозатнома ва санаи додани иҷозатнома;
6) муҳлати амали иҷозатнома;
7) рақами мушаххаси андозсупоранда ва рақами ягонаи мушаххаси андозсупоранда;
8) мансаб, насаб, ном ва номи падари роҳбари мақомот;
9) ҷойи имзо ва муҳр;
10) санаи қабули қарор дар бораи додани иҷозатнома.
Моддаи 25. Азнавбарасмиятдарории иҷозатнома
1. Дар ҳолати азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ, тағйир ёфтани ном ва ё маҳалли ҷойгиршавии он ва ё тағйир ёфтани ном ё маҳалли истиқомати соҳибкори инфиродӣ, иҷозатномадор - шахси ҳуқуқӣ (вориси ҳуқуқии он) ё соҳибкори инфиродӣ уҳдадор аст дар муҳлати на дертар аз понздаҳ рӯз аризаро дар бораи аз нав ба расмият даровардани иҷозатнома бо замимаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи тағйироти зикргардида, инчунин нусхаи аслии иҷозатнома пешниҳод намояд. Ариза дар бораи аз нав ба расмият даровардани иҷозатнома дар шакли хаттӣ ё тавассути низоми электронӣ пешниҳод карда мешавад.
2. Аз нав ба расмият даровардани иҷозатнома, ба истиснои иҷозатномае, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад, дар давоми даҳ рӯзи корӣ аз рӯзи аз ҷониби иҷозатномадор пешниҳод гардидани ариза амалӣ карда мешавад.
3. Муҳлати қабули қарор дар бораи азнавбарасмиятдарории иҷозатномаи аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон додашаванда тибқи тартиби додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта муайян карда мешавад.
4. Барои азнавбарасмиятдарории иҷозатнома ба андозаи 1 (як) нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар санаи додани ариза дар бораи азнавбарасмиятдарорӣ хироҷ бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 13 Қонуни мазкур пардохт карда мешавад(Ѕонуни ӢТ аз 20.06.2024 № 2056).
5. То азнавбарасмиятдарории иҷозатнома иҷозатномадоршахси ҳуқуқӣ (вориси ҳуқуқии он) ва ё соҳибкори инфиродие, ки дар бораи азнавбарасмиятдарории иҷозатнома ариза пешниҳод намудааст, фаъолият ва ё амали дар он зикргардидаро дар асоси нусхаи аризаи пешниҳодгардида дар бораи азнавбарасмиятдарории иҷозатнома бо қайди мақомоти иҷозатдиҳанда оид ба санаи қабули ариза анҷом медиҳад ё иҷро менамоянд.
6. Ҳангоми азнавбарасмиятдарории иҷозатнома мақомоти иҷозатдиҳанда ба феҳристи ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта тағйироти дахлдор ворид менамоянд.
7. Аз аризадиҳанда талаб кардани ҳуҷҷатҳои дигаре, ки дар моддаи мазкур пешбинӣ нагардидаанд, манъ аст.
Моддаи 26. Додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома
1. Дар сурати гум шудан ё фарсудашавии иҷозатнома дар асоси аризаи иҷозатномадор нусхаи дуюм (дубликат)-и он дода мешавад.
2. Мақомоти иҷозатдиҳанда уҳдадоранд ба иҷозатномадор дар муҳлати на зиёда аз панҷ рӯзи кории баъд аз санаи гирифтани ариза, дар сурати фарсудашавии иҷозатнома - нусхаи аслии он, нашри эълон дар бораи гум шудани иҷозатнома дар воситаҳои ахбори омма ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти хироҷ аз ҷониби аризадиҳанда, нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатномаро диҳанд (фиристонанд). Ариза дар бораи додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар шакли хаттӣ ё тавассути низоми электронӣ пешниҳод карда мешаванд.
3. Додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта амалӣ карда мешавад.
4. Барои додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома хироҷ бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 13 Қонуни мазкур ба андозаи 1 (як) нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар санаи додани ариза пардохт карда мешавад (Ѕонуни ӢТ аз 20.06.2024 № 2056).
5. Аз аризадиҳанда талаб кардани ҳуҷҷатҳои дигаре, ки дар моддаи мазкур пешбинӣ нагардидаанд, манъ аст.
Моддаи 27. Боздоштани амали иҷозатнома
1. Мақомоти иҷозатдиҳанда (дар сурати аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон додани иҷозатнома - мақомоти иҷроияи иҷозатдиҳанда) метавонанд амали иҷозатномаро дар ҳолати ошкор гардидани ду ва зиёда вайронкунии шартҳои иҷозатдиҳӣ, талабот ва шартҳои тахассусӣ аз ҷониби иҷозатномадор, инчунин талаботи қисми 1 моддаи 25 Қонуни мазкур боздоранд. Боздоштани амали иҷозатнома боиси боздоштани фаъолияти иҷозатномашаванда ба муҳлати дар қисми 3 моддаи мазкур пешбинишуда ё то эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори суд оид ба бекор кардани иҷозатнома мегардад.
2. Новобаста ба талаботи қисми 1 моддаи мазкур, дар ҳолатҳои истисноӣ, агар ин барои пешгирии таҳдиди бевосита ба ҳаёт ё саломатии аҳолӣ, сар задани офати техногенӣ, расонидани зарари ҷуброннопазир ба объектҳои табиӣ ё ҳолати муҳити зист, ки пешгирии ин ҳолатҳо бо усулҳои дигар имконнопазир аст, зарур бошад, амали иҷозатнома боздошта мешавад.
3. Мақомоти иҷозатдиҳанда (мақомоти иҷроияи иҷозатдиҳанда) уҳдадоранд ба иҷозатномадор барои бартараф намудани вайронкуниҳое, ки боиси боздоштани амали иҷозатнома гардидаанд, се моҳ муҳлат муқаррар намоянд. Агар иҷозатномадор дар муҳлати мазкур вайронкуниҳои зикргардидаро бартараф накунад, мақомоти иҷозатдиҳанда уҳдадоранд ба суд дар бораи бекор кардани иҷозатнома муроҷиат намоянд.
4. Иҷозатномадор уҳдадор аст вайронкуниҳое, ки боиси боздоштани амали иҷозатнома гардидаанд, бартараф карда, дар ин хусус мақомоти иҷозатдиҳанда (мақомоти иҷроияи иҷозатдиҳанда)-ро дар шакли хаттӣ огоҳ намояд. Мақомоти иҷозатдиҳанда (мақомоти иҷроияи иҷозатдиҳанда дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) бояд дар давоми панҷ рӯзи кории баъд аз гирифтани огоҳинома асоснокии онро санҷида, дар ҳолати бартараф шудани вайронкуниҳо дар бораи барқарор намудани амали иҷозатнома қарор қабул карда, ба иҷозатномадор ба таври хаттӣ хабар диҳанд.
5. Қарор дар бораи боздоштани амали иҷозатнома ё дар бораи ирсоли ариза оид ба бекоркунии иҷозатнома ба суд бо асосноккунии он на дертар аз се рӯзи баъд аз қабул гардидани он дар шакли хаттӣ ба маълумоти иҷозатномадор расонида мешавад.
6. Нисбат ба қарор дар бораи боздоштани амали иҷозатнома бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят кардан мумкин аст.
7. Дар ҳолати аз ҷониби суд эътироф гардидани беасос будани боздоштани амали иҷозатнома, мақомоти иҷозатдиҳанда дар назди субъекти хоҷагидор ба андозаи зарари ба онҳо расонидашуда ҷавобгар мебошанд.
Моддаи 28. Қатъи амали иҷозатнома
1. Амали иҷозатнома дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:
1) қатъ гардидани фаъолияти субъекти хоҷагидор (барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ, қатъ гардидани амали фаъолияти соҳибкори инфиродӣ) - аз рӯзи қатъ гардидани фаъолияти субъекти хоҷагидор;
2) ба охир расидани муҳлати амали иҷозатнома барои фаъолият оид ба истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ - аз рӯзи пас аз ба охир расидани муҳлати амали иҷозатнома.
2. Дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қисми 1 моддаи мазкур, оид ба ворид намудани тағйирот ба феҳристҳои ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта қарори мақомоти иҷозатдиҳанда (мақомоти иҷроияи иҷозатдиҳанда дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) қабул карда мешавад.
Моддаи 29. Бекор кардани иҷозатнома
1. Иҷозатнома бо асосҳо ва тартиби зерин бекор карда мешавад:
1) дар асоси аризаи иҷозатномадор - аз ҷониби мақомоти иҷозатдиҳанда;
2) аз ҷониби иҷозатномадор дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додани иҷозатнома напардохтани хироҷ барои иҷозатномадиҳӣ - аз ҷониби мақомоти иҷозатдиҳанда;
3) аз ҷониби иҷозатномадор то 31 декабри соли тақвимҳ пардохт нагардидани хироҷи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома - аз ҷониби мақомоти иҷозатдиҳанда;
4) дар ҳолати ғайриқонунӣ будани қарори мақомоти иҷозатдиҳанда дар бораи додани иҷозатнома ва ё гирифтани иҷозатнома бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои қалбакӣ - аз ҷониби мақомоти судӣ;
5) аз ҷониби иҷозатномадор ба имзо нарасонидани созишномаи сармоягузорӣ барои истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ, вайрон намудани шартҳои иҷозатдиҳӣ ва талаботу шартҳои тахассусӣ - аз ҷониби мақомоти судӣ.
2. Дар ҳолати бекор кардани иҷозатнома мақомоти иҷозатдиҳанда (мақомоти иҷроияи иҷозатдиҳанда дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) иттилоотро оид ба қарори қабулшуда дар феҳристи ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта ҷойгир менамоянд.
БОБИ 4. РАСМИЁТИ ДОДАН, АЗ НАВ БА РАСМИЯТ ДАРОВАРДАН, БЕКОР КАРДАН, БОЗДОШТАН Ё ҚАТЪ НАМУДАНИ АМАЛИ ҲУҶҶАТИ ИҶОЗАТДИҲӢ
Моддаи 30. Ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ заруранд
1. Барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ аризадиҳанда ё шахси ваколатдори он ба мақомоти иҷозатдиҳанда ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:
1) ариза дар бораи гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ бо қайди намуди фаъолият ё амале, ки субъекти хоҷагидор мақсади амалисозии онро дар асоси ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дорад;
2) нусхаи ҳуҷҷате, ки бақайдгирии давлатии субъекти хоҷагидорро тасдиқ менамояд;
3) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти хироҷ барои баррасии ариза;
4) ваколатнома барои намояндагии манфиатҳо ба номи шахси ваколатдор, агар ҳуҷҷатҳо барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ аз ҷониби намояндаи аризадиҳанда пешниҳод шаванд.
2. Ариза дар бораи гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар шакли хаттӣ ё тавассути низоми электронӣ пешниҳод карда мешавад. Аризадиҳанда барои дурустии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда масъул мебошад. Ҳангоми додани ариза дар бораи гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ тавассути низоми электронӣ ҳамаи ҳуҷҷатҳо дар шакли электронӣ пешниҳод карда мешаванд.
3. Ариза дар бораи гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва ҳуҷҷатҳои ба он замимагардида аз рӯйи номгӯй ба қайд гирифта мешаванд. Маълумотнома дар бораи қабули ариза ва ҳуҷҷатҳои ба он замимагардида, ки бо имзои шахси масъул ва муҳри мақомоти иҷозатдиҳанда бо сабти рӯзи бақайдгирӣ тасдиқ карда шудааст, ба аризадиҳанда фиристода (супорида) ё тавассути низоми электронӣ хабар дода мешавад.
4. Вобаста ба хусусияти фаъолияти соҳибкорӣ, ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида, дар тартиби додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта метавонад пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дигари тасдиқкунандаи мутобиқати аризадиҳанда ба талабот ва шартҳои муқарраргардида барои додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пешбинӣ карда шавад.
5. Аз аризадиҳанда талаб кардани ҳуҷҷатҳои дигаре, ки бо Қонуни мазкур ва тартиби додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта пешбинӣ нашудаанд, манъ аст.
6. Ариза дар бораи гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар ҳолатҳои зерин ба субъекти хоҷагидор баргардонида мешавад, агар:
1) аз ҷониби шахсе имзо шуда бошад, ки барои ин ваколат надорад;
2) ҳуҷҷатҳо бо вайронкунии талаботи моддаи мазкур ва тартиби додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта ба расмият дароварда шуда бошанд.
7. Огоҳинома дар бораи баргардонидани ариза дар бораи гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ба аризадиҳанда дар шакли хаттӣ ё тавассути низоми электронӣ дар муҳлати на зиёда аз се рӯзи кории пас аз рӯзи додани ариза бо нишон додани асос барои баргардонидани ариза супорида ё ирсол карда мешавад.
8. Баъд аз бартараф намудани камбудиҳое, ки боиси баргардонидани ариза дар бораи гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ гардидаанд, аризадиҳанда метавонад аризаи нав пешниҳод кунад ва он бояд бо тартиби муқарраргардида баррасӣ карда шавад.
Моддаи 31. Қабули қарор дар бораи додан ё рад кардани додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ
1. Мақомоти иҷозатдиҳанда дар асоси ариза дар бораи гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва ҳуҷҷатҳои ба он замимагардида дар бораи додан ё рад кардани додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, ба истиснои ҳуҷҷати иҷозатдиҳие, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад, дар муҳлати на зиёда аз даҳ рӯзи корӣ аз рӯзи қабули он қарор қабул менамоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар барои додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ гузарондани ташхис, экспертиза, таҳлил ва таҳқиқоти лаборатории бевосита дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида талаб карда шавад ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи гузаштани ташхис, экспертиза, таҳлил ва таҳқиқоти лабораторӣ дар тартиби додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта пешбинӣ шуда бошад. Дар ин ҳолат муҳлати додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар тартиби додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта пешбинӣ карда мешавад.
2. Муҳлати қабули қарор дар бораи додан ё рад кардани додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳии аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон додашаванда тибқи тартиби додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта муайян карда мешавад.
3. Маълумот оид ба қабули қарор дар бораи додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар муҳлати муқаррарнамудаи қисми 1 моддаи мазкур ба аризадиҳанда дар шакли хаттӣ ва тавассути низоми электронӣ бо нишон додани мушаххасоти суратҳисоби бонкӣ ва муҳлати пардохти хироҷ барои додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ фиристода (супорида) мешавад.
4. Дар мавриди қабули қарор дар бораи рад кардани ариза дар бораи гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ мақомоти иҷозатдиҳанда уҳдадоранд, ки дар муҳлати муқаррарнамудаи қисми 1 моддаи мазкур аризадиҳандаро бо нишон додани асосҳои радкунӣ хабардор намоянд.
5. Аризадиҳанда дар асоси маълумот оид ба қарори қабулшуда дар бораи додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ маблағи хироҷро барои додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ тариқи ғайринақдӣ пардохт ва маълумот доир ба онро ба мақомоти иҷозатдиҳанда пешниҳод менамояд (Ѕонуни ӢТ аз 20.06.2024 № 2056).
6. Ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ аз ҷониби мақомоти иҷозатдиҳанда ба аризадиҳанда бо имзои он дар дафтари баҳисобгирии аризаҳо ва ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳии додашуда супорида мешавад.
7. Пас аз гузаштани муҳлати пешбининамудаи қисми 1 моддаи мазкур, ҳангоми набудани огоҳиномаи хаттӣ дар бораи рад кардани додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, он додашуда эътироф мегардад ва аризадиҳанда метавонад фаъолиятеро, ки барои он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дархост карда буд, тибқи принсипи маъқулдонии худ аз худ амалӣ намояд.
8. Дар сурати ба миён омадани ҳолати маъқулдонии худ аз худ, мақомоти иҷозатдиҳанда уҳдадоранд, ки ҳуҷҷати иҷозатдиҳиро дар муҳлати муқаррарнамудаи қисми 1 моддаи мазкур диҳанд.
9. Субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба қарори мақомоти иҷозатдиҳанда дар бораи рад кардан аз додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ шикоят намояд.
Моддаи 32. Асосҳои рад кардан аз додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ
1. Асосҳои рад кардан аз додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ:
1) аз ҷониби аризадиҳанда дар ҳаҷми пурра пешниҳод нагардидани ҳуҷҷатҳо;
2) ошкор гардидани маълумоти нодуруст дар ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи аризадиҳанда;
3) хулосаи манфии асоснокшуда оид ба натиҷаҳои таҳқиқот, муоинаҳо ё арзёбиҳои дигари илмӣ ва техникӣ, дар сурати ҳатмӣ будани гузарондани онҳо.
2. Рад кардан аз додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ бо асосҳои дигаре, ки Қонуни мазкур муқаррар накардааст, манъ аст.
Моддаи 33. Азнавбарасмиятдарории ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ
1. Дар ҳолати азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ, тағйир ёфтани ном ва ё маҳалли ҷойгиршавии он, дорандаи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ шахси ҳуқуқӣ (вориси ҳуқуқии он) уҳдадор аст, ки дар давоми ҳафт рӯзи кории баъд аз гузаштани расмиёти бақайдгирии давлатӣ бо сабаби азнавташкилдиҳӣ, тағйир ёфтани ном ё маҳалли ҷойгиршавӣ ба мақомоти иҷозатдиҳанда ариза дар бораи аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷати иҷозатдиҳиро бо замимаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маълумоти зикргардида ба мақомоти бақайдгирӣ фиристодашуда, инчунин нусхаи аслии ҳуҷҷати иҷозатдиҳии қаблан додашуда пешниҳод намояд.
2. Дар ҳолати тағйир ёфтани насаб, ном, номи падар ё маҳалли истиқомати соҳибкори инфиродӣ, дорандаи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ соҳибкори инфиродӣ уҳдадор аст, ки дар давоми ҳафт рӯзи кории баъд аз ворид кардани тағйироти дахлдор ба мақомоти иҷозатдиҳанда ариза дар бораи аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷати иҷозатдиҳиро бо замимаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маълумоти зикргардида пешниҳод намояд.
3. Ҳуҷҷатҳо барои аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар шакли хаттӣ ё тавассути низоми электронӣ пешниҳод карда мешаванд.
4. То азнавбарасмиятдарории ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дорандаи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ - шахси ҳуқуқӣ (вориси ҳуқуқии он), соҳибкори инфиродие, ки дар бораи азнавбарасмиятдарории ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ариза пешниҳод намудааст, фаъолият ва ё амали дар он зикргардидаро дар асоси нусхаи аризаи пешниҳодгардида дар бораи азнавбарасмиятдарории ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ бо қайди мақомоти иҷозатдиҳанда оид ба санаи қабули ариза анҷом медиҳад ё иҷро менамояд.
5. Ҳангоми азнавбарасмиятдарории ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ мақомоти иҷозатдиҳанда ба феҳристи ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта тағйироти дахлдор ворид менамоянд.
6. Азнавбарасмиятдарории ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар муҳлати на зиёда аз панҷ рӯзи кории баъди рӯзи аз ҷониби мақомоти иҷозатдиҳанда гирифтани ариза дар бораи азнавбарасмиятдарории ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ бо замимаи ҳуҷҷатҳои дахлдор ва маълумот доир ба тариқи ғайринақдӣ пардохт гардидани хироҷ барои азнавбарасмиятдарории ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, амалӣ карда мешавад (Ѕонуни ӢТ аз 20.06.2024 № 2056).
7. Барои азнавбарасмиятдарории ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ба андозаи 1 (як) нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар санаи додани ариза дар бораи азнавбарасмиятдарорӣ хироҷ бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 13 Қонуни мазкур пардохт карда мешавад (Ѕонуни ӢТ аз 20.06.2024 № 2056).
8. Аз аризадиҳанда талаб кардани пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дигаре, ки дар моддаи мазкур пешбинӣ нагардидаанд, манъ аст.
Моддаи 34. Додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ
1. Дар сурати гум шудан ё фарсудашавии ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар асоси аризаи дорандаи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дода мешавад.
2. Мақомоти иҷозатдиҳанда уҳдадоранд, ки нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳиро дар муҳлати на зиёда аз панҷ рӯзи кории баъд аз рӯзи гирифтани ариза, дар сурати фарсудашавии ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ - нусхаи аслии он, нашри эълон дар бораи гум шудани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар воситаҳои ахбори омма ва маълумот доир ба тариқи ғайринақдӣ пардохт гардидани хироҷ барои додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ диҳанд (фиристонанд). Ариза дар бораи додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар шакли хаттӣ ё тавассути низоми электронӣ пешниҳод карда мешаванд (Ѕонуни ӢТ аз 20.06.2024 № 2056).
3. Додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта амалӣ карда мешавад.
4. Барои додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ хироҷ бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 13 Қонуни мазкур ба андозаи 1 (як) нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар санаи додани ариза пардохт карда мешавад (Ѕонуни ӢТ аз 20.06.2024 № 2056).
5. Аз аризадиҳанда талаб кардани ҳуҷҷатҳои дигаре, ки дар моддаи мазкур пешбинӣ нагардидаанд, манъ аст.
Моддаи 35. Боздоштани амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ
1. Мақомоти иҷозатдиҳанда (дар сурати аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ - мақомоти иҷроияи иҷозатдиҳанда) метавонанд амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳиро дар ҳолати ошкор гардидани ду ва зиёда вайронкунии шартҳои иҷозатдиҳӣ, талабот ва шартҳои тахассусӣ аз ҷониби дорандаи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, инчунин талаботи қисмҳои 1 ва 2 моддаи 33 Қонуни мазкур боздоранд. Боздоштани амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ боиси боздоштани фаъолияте, ки ҳуҷҷати иҷозатдиҳиро талаб мекунад ба муҳлати дар қисми 3 моддаи мазкур пешбинишуда ё то эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори суд оид ба бекор кардани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ мегардад.
2. Новобаста ба талаботи қисми 1 моддаи мазкур, дар ҳолатҳои истисноӣ, агар ин барои пешгирии таҳдиди бевосита ба ҳаёт ё саломатии аҳолӣ, сар задани офати техногенӣ, расонидани зарари ҷуброннопазир ба объектҳои табиӣ ё ҳолати муҳити зист, ки пешгирии ин ҳолатҳо бо усулҳои дигар имконнопазир аст, зарур бошад, амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ боздошта мешавад.
3. Мақомоти иҷозатдиҳанда (мақомоти иҷроияи иҷозатдиҳанда) уҳдадоранд ба дорандаи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ барои бартараф намудани вайронкуниҳое, ки боиси боздоштани амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ гардидаанд, се моҳ муҳлат муқаррар намоянд. Агар дорандаи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар муҳлати мазкур вайронкуниҳои зикргардидаро бартараф накунад, мақомоти иҷозатдиҳанда уҳдадоранд ба суд дар бораи бекор кардани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ муроҷиат намоянд.
4. Дорандаи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ уҳдадор аст вайронкуниҳое, ки боиси боздоштани амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ гардидаанд, бартараф карда, дар ин хусус мақомоти иҷозатдиҳанда (мақомоти иҷроияи иҷозатдиҳанда)-ро дар шакли хаттӣ огоҳ намояд. Мақомоти иҷозатдиҳанда (мақомоти иҷроияи иҷозатдиҳанда дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) бояд дар давоми панҷ рӯзи кории баъд аз гирифтани огоҳинома асоснокии онро санҷида, дар ҳолати бартараф шудани вайронкуниҳо дар бораи барқарор намудани амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ қарор қабул карда, ба дорандаи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ба таври хаттӣ хабар диҳанд.
5. Қарор дар бораи боздоштани амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ё дар бораи ирсоли ариза оид ба бекоркунии ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ба суд бо асосноккунии он на дертар аз се рӯзи баъд аз қабул гардидани он дар шакли хаттӣ ба маълумоти дорандаи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ расонида мешавад.
6. Субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба қарори мақомоти иҷозатдиҳанда дар бораи боздоштани амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ шикоят намояд.
7. Дар ҳолати аз ҷониби суд эътироф гардидани беасос будани боздоштани амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, мақомоти иҷозатдиҳанда дар назди субъекти хоҷагидор ба андозаи зарари ба онҳо расонидашуда ҷавобгар мебошанд.
Моддаи 36. Қатъи амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ
1. Амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар ҳолати қатъ гардидани фаъолияти субъекти хоҷагидор (барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ, қатъ гардидани амали фаъолияти соҳибкори инфиродӣ) аз рӯзи қатъ гардидани фаъолияти субъекти хоҷагидор қатъ мегардад.
2. Дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қисми 1 моддаи мазкур, оид ба ворид намудани тағйирот ба феҳристҳои ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта қарори мақомоти иҷозатдиҳанда (мақомоти иҷроияи иҷозатдиҳанда дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) қабул карда мешавад.
Моддаи 37. Бекор кардани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ
1. Ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ бо асосҳо ва тартиби зерин бекор карда мешавад:
1) дар асоси аризаи дорандаи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ - аз ҷониби мақомоти иҷозатдиҳанда;
2) аз ҷониби дорандаи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ напардохтани хироҷ барои додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ - аз ҷониби мақомоти иҷозатдиҳанда;
3) аз ҷониби дорандаи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ то 31 декабри соли тақвимҳ пардохт нагардидани хироҷи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ - аз ҷониби мақомоти иҷозатдиҳанда;
4) дар ҳолати ғайриқонунӣ будани қарори мақомоти иҷозатдиҳанда дар бораи додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва ё гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои қалбакӣ - аз ҷониби мақомоти судӣ;
5) аз ҷониби дорандаи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ вайрон намудани шартҳои иҷозатдиҳӣ, талабот ва шартҳои тахассусӣ - аз ҷониби мақомоти судӣ.
2. Дар ҳолати бекор кардани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ мақомоти иҷозатдиҳанда (мақомоти иҷроияи иҷозатдиҳанда дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) иттилоотро оид ба қарори қабулшуда дар феҳристи ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта ҷойгир менамоянд.
БОБИ 5. РАСМИЁТИ ТАСДИҚ ВА МУВОФИҚАСОЗӢ, ҚАБУЛИ ОГОҲИНОМАҲО
Моддаи 38. Ҳуҷҷатҳое, ки барои гузаштани расмиёти тасдиқ ва мувофиқасозӣ заруранд
1. Барои гузаштани расмиёти тасдиқ ва мувофиқасозӣ аризадиҳанда ё намояндаи он ба мақомоти иҷозатдиҳандаи дахлдор ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:
1) ариза дар бораи гузаштани расмиёти тасдиқ ва мувофиқасозӣ;
2) намуди фаъолият, амал ва ҳуҷҷате, ки бояд тасдиқ ё мувофиқасозӣ карда шавад;
3) нусхаи ҳуҷҷате, ки бақайдгирии давлатии субъекти хоҷагидорро тасдиқ мекунад;
4) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти хироҷ барои баррасии ариза;
5) ваколатнома барои намояндагии манфиатҳо ба номи намоянда, агар ҳуҷҷатҳо барои гузаштани расмиёти тасдиқ ва мувофиқасозӣ аз ҷониби намояндаи аризадиҳанда пешниҳод шаванд.
2. Ариза дар бораи гузаштани расмиёти тасдиқ ва мувофиқасозӣ дар шакли хаттӣ ё тавассути низоми электронӣ пешниҳод карда мешавад. Ҳангоми додани ариза дар бораи гузаштани расмиёти тасдиқ ва мувофиқасозӣ тавассути низоми электронӣ ҳамаи ҳуҷҷатҳо дар шакли электронӣ пешниҳод карда мешаванд.
3. Ариза дар бораи гузаштани расмиёти тасдиқ ва мувофиқасозӣ ва ҳуҷҷатҳои ба он замимагардида аз рӯйи номгӯй ба қайд гирифта мешаванд. Маълумотнома дар бораи қабули ариза ва ҳуҷҷатҳои ба он замимагардида, ки бо имзои шахси масъул ва муҳри мақомоти иҷозатдиҳанда бо сабти рӯзи бақайдгирӣ тасдиқ карда шудааст, ба аризадиҳанда фиристода (супорида) ё тавассути низоми электронӣ хабар дода мешавад.
4. Вобаста ба хусусиятҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида, дар тартиби додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта метавонад пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дигари тасдиқкунандаи мутобиқати аризадиҳанда ба талабот ва шартҳои муқарраргардида барои гузаштани расмиёти тасдиқ ва мувофиқасозӣ пешбинӣ карда шавад.
5. Аз аризадиҳанда талаб кардани ҳуҷҷатҳои дигаре, ки дар Қонуни мазкур ва тартиби додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта пешбинӣ нашудаанд, манъ аст.
6. Ариза дар бораи гузаштани расмиёти тасдиқ ва мувофиқасозӣ дар ҳолатҳои зерин ба субъекти хоҷагидор баргардонида мешавад, агар:
1) аз ҷониби шахсе имзо шуда бошад, ки барои ин ваколат надорад;
2) ҳуҷҷатҳо бо вайронкунии талаботи моддаи мазкур ва тартиби додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта ба расмият дароварда шуда бошанд.
7. Огоҳинома дар бораи баргардонидани ариза дар бораи гузаштани расмиёти тасдиқ ва мувофиқасозӣ ба аризадиҳанда дар шакли хаттӣ ё тавассути низоми электронӣ дар муҳлати на зиёда аз се рӯзи кории пас аз рӯзи додани ариза бо нишон додани асос барои баргардонидани ариза супорида ё ирсол карда мешавад.
8. Баъд аз бартараф намудани камбудиҳое, ки боиси баргардонидани ариза дар бораи гузаштани расмиёти тасдиқ ва мувофиқасозӣ гардидаанд, аризадиҳанда метавонад аризаи нав пешниҳод кунад ва он бояд бо тартиби муқарраргардида баррасӣ карда шавад.
Моддаи 39. Санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ
1. Мақомоти иҷозатдиҳанда дар асоси ариза дар бораи гузаштани расмиёти тасдиқ ва мувофиқасозӣ ва ҳуҷҷатҳои ба он замимагардида дар муҳлати то 30 рӯз, агар муҳлати кутоҳтар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ нашуда бошад, далели тасдиқ ва мувофиқасозии фаъолият, амал ва ё ҳуҷҷати дархостшавандаро бо роҳи дар ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида гузоштани муҳр, имзо ва санаи тасдиқ ва мувофиқасозӣ ва ё бо додани ҳуҷҷати дахлдор тасдиқ ва мувофиқа менамоянд.
2. Маълумот оид ба қабули қарор дар бораи тасдиқ ва мувофиқасозӣ ба аризадиҳанда дар шакли хаттӣ ва тавассути низоми электронӣ фиристода (супорида) мешавад.
3. Пас аз гузаштани муҳлати пешбининамудаи қисми 1 моддаи мазкур, ҳангоми набудани огоҳиномаи хаттӣ дар бораи рад кардан аз тасдиқ ва мувофиқасозӣ, он тасдиқшуда ва мувофиқашуда эътироф мегардад ва аризадиҳанда метавонад амалеро, ки барои он тасдиқ ё мувофиқасозиро дархост карда буд, тибқи принсипи маъқулдонии худ аз худ иҷро намояд.
Моддаи 40. Рад кардан аз тасдиқ ва мувофиқасозӣ
1. Асосҳои рад кардан аз тасдиқ ва мувофиқасозии фаъолият, амал ва ё ҳуҷҷати дархостшаванда:
1) аз ҷониби аризадиҳанда дар ҳаҷми пурра пешниҳод нагардидани ҳуҷҷатҳо;
2) ошкор гардидани маълумоти нодуруст дар ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи аризадиҳанда;
3) хулосаи манфии асоснокшуда аз рӯйи натиҷаҳои таҳқиқот, муоинаҳо ё арзёбиҳои дигари илмҳ ва техникҳ, дар сурати ҳатмҳ будани гузарондани онҳо.
2. Рад кардан аз тасдиқ ва мувофиқасозии фаъолият, амал ва ё ҳуҷҷати дархостшаванда бо асосҳои дигаре, ки Қонуни мазкур муқаррар накардааст, манъ аст.
3. Дар бораи рад кардан аз тасдиқ ва мувофиқасозии фаъолият, амал ва ё ҳуҷҷати дархостшаванда аризадиҳанда дар шакли хаттӣ ё тавассути низоми электронӣ огоҳонида мешавад. Дар огоҳиномаи хаттӣ дар бораи рад кардан аз тасдиқ ва мувофиқасозии фаъолият, амал ва ё ҳуҷҷати дархостшаванда бояд асосҳои рад кардан зикр карда шаванд.
4. Субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба қарори мақомоти иҷозатдиҳанда дар бораи рад кардан аз тасдиқ ва мувофиқасозии фаъолият, амал ва ё ҳуҷҷати дархостшаванда шикоят намояд.
Моддаи 41. Расмиёти фиристодани огоҳинома
1. Огоҳинома аз ҷониби аризадиҳанда ба мақомоти иҷозатдиҳандае фиристода мешавад, ки онро дар шакли хаттӣ ё тавассути низоми электронӣ қабул мекунад.
2. Дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва тартиби додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта ба огоҳинома ҳуҷҷатҳои зарурӣ замима карда мешаванд. Масъулият барои дурустии маълумоти дар огоҳинома ва ё ҳуҷҷатҳои ба он замимашаванда ба зиммаи аризадиҳанда вогузор карда мешавад.
3. Аз аризадиҳанда талаб кардани ҳуҷҷатҳои дигаре, ки бо Қонуни мазкур ва тартиби додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта пешбинӣ нашудаанд, манъ аст.
4. Аризадиҳанда пас аз фиристодани огоҳиномаи дахлдор ҳуқуқ дорад фаъолият ва ё амали муайянро оғоз намояд ё уҳдадор аст онро қатъ намояд.
Моддаи 42. Тасдиқи фиристодани огоҳинома
Дар ҳолатҳои зарурӣ дар асоси муроҷиати аризадиҳанда мақомоти иҷозатдиҳандае, ки огоҳиномаро қабул мекунад, дар давоми се рӯзи корӣ аз рӯзи қабули ариза ба аризадиҳанда аз ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта иқтибос медиҳад.
БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 43. Муқаррароти интиқолӣ
1. Мақомоти иҷозатдиҳанда уҳдадоранд ба низоми давлатии иттилоотӣ пайваст шуда, то лаҳзаи пайвастшавӣ ба ин низом дар шакли коғазӣ аризаҳоро аз аризадиҳандагон қабул карда, ҳамаи огоҳиномаҳои пешбининамудаи Қонуни мазкурро ирсол намоянд.
2. Ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта, ки то мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур дода шудаанд, то ба охир расидани муҳлати дар онҳо нишондодашуда эътибор доранд.
Моддаи 44. Ҳалли баҳсҳо
Баҳсҳо дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.
Моддаи 45. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 46. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" аз 17 майи соли 2004 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, № 5, мод. 348; с. 2005, №3, мод. 120; с. 2006, №7, мод. 343; с. 2007, №6, мод. 433; с. 2008, №1, қ. 2, мод. 14, №6, мод. 457, №10, мод. 816; с. 2009, №3, мод. 78, №5, мод. 326, №9-10, мод. 544; с. 2010, №12, қ. 1, мод. 821; с. 2012, №12, қ. 1, мод. 1005; с. 2013, №3, мод. 193, №11, мод. 787; с. 2014, №7, қ. 2, мод. 406, мод. 407, №11, мод. 666; с. 2015, №3, мод. 206, мод. 213, №11, мод. 967; с. 2016, №5, мод. 369, №7, мод. 631, №11, мод. 885; с. 2017, №5, қ. 1, мод. 291; с. 2019, №6, мод. 327; с. 2020, №7-9, мод. 618) ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ" аз 2 августи соли 2011 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №7-8, мод. 606; с. 2012, №4, мод. 252, №7, мод. 686, №12, қ. 1, мод. 1024; с. 2014, №7, қ. 2, мод. 400, №12, мод. 824; с. 2015, №11, мод. 957, №12, қ. 1, мод. 1113; с. 2016, №5, мод. 364, №7, мод. 618; с. 2019, №4-5, мод. 218; с. 2020, №1, мод. 13, №7-9, мод. 609; с. 2021, №12, қ. 2, мод. 695; с. 2022, №1-3, мод. 14) аз эътибор соқит дониста шаванд.
Моддаи 47. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
1. Қонуни мазкур, ба истиснои бандҳои 2), 3), 4), 6) ва 7) моддаи 6, банди 4) моддаи 7 ва банди 8) моддаи 8, аз 1 сентябри соли 2023 мавриди амал қарор дода шавад.
2. Муқаррароти бандҳои 2), 3), 4), 6) ва 7) моддаи 6, банди 4) моддаи 7 ва банди 8) моддаи 8 Қонуни мазкур пас аз интишори расмҳ мавриди амал қарор дода шаванд.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                              Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 22 июни соли 2023, № 1968
 
Замима
ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ"
Феҳристи ягонаи давлатии иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, огоҳиномаҳои гирифташаванда
Ниг. ба Замима