ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2065 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2033 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.02.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2026 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.01.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСУНИЯТИ ЮРИСДИКСИОНИИ ДАВЛАТИ ХОРИҶӢ ВА МОЛИКИЯТИ ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

-A A +A
Ношири мавод: Ботуралиев Қодирҷон Ғайратҷонович Санаи интишор: Дшб, 24/04/2023 - 15:03
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
Қонун
Рақам: 
1949
Мақомот: 
Маҷлиси Олӣ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
15.03.2023
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСУНИЯТИ ЮРИСДИКСИОНИИ ДАВЛАТИ ХОРИҶӢ ВА МОЛИКИЯТИ ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, тартиб ва ҳолатҳои татбиқи масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ ва моликияти онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
1) давлати хориҷӣ – давлат, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, воҳидҳои таркибии давлат ва мақомоти онҳо, ташкилотҳои дигар ва (ё) намояндаҳои ваколатдори давлат, ки дар доираи салоҳияти худ ҳуқуқи амалӣ намудани ваколатҳои мустақили ҳокимиятро доранд;
2) моликияти давлати хориҷӣ – молу мулки ба давлати хориҷӣ тааллуқдошта, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд;
3) масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ ва моликияти он – масунияти судӣ, масуният нисбат ба чораҳои таъмини даъво ва иҷрои ҳалномаи суд;
4) масунияти судӣ–уҳдадории суди  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба риоя намудани масунияти давлати хориҷӣ ҳангоми баррасии парвандаҳои нисбат ба ин давлат оғозгардида ва худдорӣ намудан аз ҷалби давлати хориҷӣ ба иштирок дар мурофиаи судӣ;
5) масуният нисбат ба чораҳои таъмини даъво  – уҳдадории суди Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба худдорӣ намудан аз гузоштани ҳабс ба  моликияти давлати хориҷӣ ё нисбат ба ин давлат андешидани чораҳои дигаре, ки минбаъд метавонанд баррасии баҳс ва (ё) иҷрои ҳалномаи судро таъмин кунанд;  
6) масуният нисбат ба иҷрои ҳалномаи суд – уҳдадории суд ё мақомоте, ки иҷрои маҷбурии ҳуҷҷати иҷроро амалӣ менамояд, оид ба худдорӣ намудан аз нигаронидани ситониш ба моликияти давлати хориҷӣ, андешидани чораҳои дигар нисбат ба давлати хориҷӣ ва моликияти он бо мақсади иҷрои маҷбурии ҳалномаи суд;  
7) суди Ҷумҳурии Тоҷикистон – судҳои низоми ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон;    
8) юрисдиксияи суди Ҷумҳурии Тоҷикистон – маҷмуи ваколатҳои суди Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баррасӣ ва ҳалли баҳсҳои ҳуқуқӣ дар доираи салоҳияти худ;
9) ваколатҳои мустақили ҳокимият – ваколатҳои ба соҳибихтиёрӣ асосёфтаи давлат, ки бо мақсади амалисозии ҳокимияти давлатӣ анҷом дода мешаванд.   
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ ва моликияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ ва моликияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ 
Давлати хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон масунияти юрисдиксиониро бо тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода менамояд. Суд уҳдадор аст масъалаи пешниҳод намудани масунияти юрисдиксиониро ба давлати хориҷӣ, ҳатто дар ҳолати иштирок накардани он дар муҳокима баррасӣ намояд. 
Моддаи 4. Имтиёз ва масуниятҳое, ки Қонуни мазкур маҳдуд намекунад 
1. Қонуни мазкур имтиёз ва масуниятҳоеро, ки мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ба давлати хориҷӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ, миссияҳои махсус, намояндагиҳо дар назди ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин ба роҳбарони давлатҳо, ҳукуматҳо ё роҳбарони мақомоти корҳои хориҷии давлатҳои хориҷӣ пешниҳод мешаванд, маҳдуд намекунад.
2. Қонуни мазкур масуниятеро, ки аз ҷониби давлати хориҷӣ мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ нисбат ба киштиҳои ҳавоӣ ё объектҳои кайҳоние, ки ба давлати хориҷӣ тааллуқ доранд, ё бо мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода мешаванд, маҳдуд намекунад.
Моддаи 5. Принсипи мутақобила оид ба масъалаҳои татбиқи масунияти юрисдиксионӣ
1. Масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ ва моликияти он, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, метавонад дар асоси принсипи мутақобила маҳдуд карда шавад, агар мавҷудияти маҳдудиятҳои масунияти юрисдиксионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моликияти он, ки оид ба он ва молу мулки он дар давлати хориҷӣ масъалаи вобаста ба масуният ба миён омадааст, муқаррар гардад. 
2. Ҳангоми баррасии парвандаҳо бо иштироки давлати хориҷӣ суд ҳуқуқ дорад бо ташаббуси худ ё дархости тарафҳо принсипи мутақобиларо татбиқ кунад. Таносуби ҳаҷми масунияти юрисдиксионие, ки дар давлати хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад ва масунияти юрисдиксионие, ки ба давлати хориҷӣ мутобиқи Қонуни мазкур пешниҳод шудааст, аз ҷониби суд дар асоси далелҳои пешниҳоднамудаи тарафҳо ва хулосаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.  
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби пешбининамудаи қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои масунияти юрисдиксионие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моликияти он дар давлати хориҷӣ пешниҳод мегардад, хулоса медиҳад.
БОБИ 2. ТАРТИБИ ТАТБИҚ НАМУДАНИ МАСУНИЯТИ ЮРИСДИКСИОНӢ
Моддаи 6. Розигии давлати хориҷӣ барои амалисозии юрисдиксия аз ҷониби суди Ҷумҳурии Тоҷикистон  
1. Давлати хориҷӣ наметавонад ба масунияти юрисдиксионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавола кунад, агар он уҳдадории эътироф намудани юрисдиксияи суди Ҷумҳурии Тоҷикистонро нисбат ба баҳси мушаххас дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин ба зимма гирифта бошад:  
1) шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон;  
2) созишномаи хаттии тарафҳои баҳс;  
3) ариза дар суди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё огоҳномаи хаттии суди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ё огоҳномаи хаттии тавассути роҳҳои дипломатӣ дар доираи муҳокимаи судии парвандаи мушаххас ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодгардида. 
2. Розигии давлати хориҷӣ барои амалисозии юрисдиксия аз ҷониби суди Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба баҳси мушаххаси пешбининамудаи қисми 1 моддаи мазкур бозхонд шуда наметавонад ва ҳамаи марҳилаҳои муҳокимаи судиро фаро мегирад, ба истиснои ҳолатҳое, ки бозхонди чунин розигӣ дар созишномаи бо тарафи дигари баҳс басташуда пешбинӣ шуда бошад.   
3. Ба мурофиаи судӣ дохил шудани давлати хориҷӣ ё амалисозии ягон амали мурофиавии дигар дар доираи муҳокимаи мушаххас бо мақсади изҳор намудани масунияти худ, ё пешниҳоди далелҳои мавҷудияти ҳуқуқи моликият ба молу мулке, ки мавзуи муҳокимаи судӣ мебошанд, ҳамчун розигии давлати хориҷӣ барои амалисозии юрисдиксияи суди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намегардад.
4. Розигии давлати хориҷӣ барои татбиқ намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба баҳси мушаххас ҳамчун розигӣ барои амалисозии юрисдиксияи суди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намегардад.
5. Иштирок накардани давлати хориҷӣ дар муҳокимаи судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун розигии он барои амалисозии юрисдиксияи суди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи муҳокимаи мазкур дониста намешавад.
6. Ҳозир шудани намояндаи давлати хориҷӣ ба муҳокимаи судии суди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои додани нишондоди шоҳид ё ба сифати коршинос ҳамчун розигии он давлат барои амалисозии юрисдиксияи суди Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста намешавад. 
7. Розигии давлати хориҷӣ барои амалисозии юрисдиксияи суди Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба баҳси мушаххас ба масунияти давлати хориҷӣ нисбат ба чораҳои таъмини даъво ва (ё) иҷрои ҳалномаи суд вобаста ба муҳокимаи мазкур паҳн намегардад.
Моддаи 7. Даст кашидан аз масунияти судӣ 
1. Давлати хориҷӣ аз масунияти судӣ дасткашида эътироф мешавад, агар ба суди Ҷумҳурии Тоҷикистон даъво пешниҳод намояд, ба мурофиаи судӣ ба сифати шахси иштирокчии парванда дохил шавад ё амалҳои дигарро оид ба моҳияти баҳс иҷро кунад. Агар давлати хориҷӣ дар суд исбот кунад, ки то анҷом додани чунин амалҳо далелҳое, ки барои изҳори масуният асос мегарданд, ба он маълум набуданд, дар ин сурат он метавонад дарҳол пас аз маълум шудани чунин далелҳо ба масуният ҳавола кунад.
2. Аз ҷониби давлати хориҷӣ ба имзо расондани созишномаи арбитражӣ ё ҳакамӣ оид ба ҳалли баҳси мушаххас бо иштироки он дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷро намудани уҳдадориҳое, ки ба миён омадаанд, ё дар оянда метавонанд ба миён оянд, ҳамчун ихтиёран аз масунияти судӣ даст кашидани давлати мазкур дониста мешавад.
3. Пешниҳоди даъво ба суди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби давлати хориҷӣ ҳамчун дасткашии ин давлат аз масунияти судӣ нисбат ба ҳама гуна даъвои муқобил, ки дар муносибатҳои ҳуқуқӣ аз рӯи даъвои аввала ба миён омадааст, эътироф мегардад.  
4. Аз ҷониби давлати хориҷӣ ба суди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани даъвои муқобили даъво ҳамчун аз масунияти судӣ оид ба даъвои аввала даст кашидани он дониста мешавад.   
5. Даст кашидани давлати хориҷӣ аз масунияти судӣ нисбат ба баҳси мушаххас бозхонд карда намешавад ва ба тамоми марҳилаҳои муҳокимаи судӣ паҳн мегардад. Даст кашидани давлати хориҷӣ аз масунияти судӣ нисбат ба баҳси мушаххас ҳамчун дасткашии давлат аз масуният нисбат ба чораҳои таъмини даъво ва иҷрои ҳалномаи судӣ эътироф намегардад.
БОБИ 3. ҲОЛАТҲОИ ТАТБИҚ НАГАРДИДАНИМАСУНИЯТИ СУДӢ
Моддаи 8. Татбиқ нагардидани масунияти судӣ нисбат ба баҳсҳои алоқаманд бо иштироки давлати хориҷӣ дар аҳдҳои ҳуқуқии маданӣ, амалисозии фаъолияти соҳибкорӣ ё фаъолияти дигари иқтисодӣ
1. Масунияти судӣ нисбат ба баҳсҳое, ки аз аҳдҳои ҳуқуқии мадании анҷомдодаи давлати хориҷӣ бармеоянд ва ба фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд нестанд, татбиқ намегардад, агар чунин баҳсҳо мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқи татбиқшаванда ба юрисдиксияи суди Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб ва ба амалисозии ваколатҳои мустақили ҳокимият аз ҷониби давлати хориҷӣ алоқаманд набошанд. 
2. Агар тарафҳои аҳди ҳуқуқии маданӣ давлатҳо бошанд ё тарафҳои аҳд дар бораи тартиби дигар ба созиш омада бошанд, муқаррароти қисми 1 моддаи мазкур татбиқ намегарданд. 
3. Масунияти судӣ нисбат ба баҳсҳое, ки ҳангоми амалисозии фаъолияти соҳибкорӣ ё фаъолияти дигари иқтисодӣ аз ҷониби давлати хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар ҳудуди давлати дигар пайдо мешаванд ва оқибатҳои чунин фаъолият ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд мебошанд, татбиқ намегардад.
4. Ҳангоми муайян намудани алоқамандӣ байни аҳди анҷомдодаи давлати хориҷӣ ва амалисозии ваколатҳои мустақили ҳокимият аз ҷониби он, суди Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳият ва мақсади чунин аҳдро ба назар мегирад.
Моддаи 9. Татбиқ нагардидани масунияти судӣ нисбат ба баҳсҳои вобаста ба иштирок дар ширкатҳо, ассотсиатсияҳо ва шахсони ҳуқуқии дигар  
1. Масунияти судӣ нисбат ба баҳсҳои вобаста бо иштироки давлати хориҷӣ дар ширкатҳо, ассотсиатсияҳо ва шахсони ҳуқуқии дигар, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтаанд ё ҷойи асосии фаъолияти онҳо дар ҳудуди он қарор дорад, татбиқ намегардад, агар чунин шахси ҳуқуқӣ дар баробари давлатҳо, ташкилотҳои байнидавлатӣ ва (ё) байниҳукуматӣ иштирокчиёни дигар дошта бошад. 
2. Муқаррароти қисми 1 моддаи мазкур, дар сурати пешбинӣ гардидани тартиби дигар дар созишномаи байни давлатҳои дахлдор, ҳуҷҷатҳои таъсисии ширкат, ассотсиатсия ё шахси ҳуқуқии дигар, ё агар тарафҳои баҳс ба таври хаттӣ ба мувофиқаи дигар омада бошанд, татбиқ намешаванд.
Моддаи 10. Татбиқ нагардидани масунияти судӣ нисбат ба баҳсҳои вобаста ба ҳуқуқи моликият
Масунияти судӣ нисбат ба баҳсҳои зерин бо иштироки давлати хориҷӣ, ки ба ҳуқуқи моликият вобастаанд, татбиқ намегардад: 
1) оид ба ҳуқуқ ва уҳдадориҳои давлати хориҷӣ ба молу мулки ғайриманқули дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта;
2) оид ба ҳуқуқ ва уҳдадориҳои давлати хориҷӣ ба молу мулки манқул ва ғайриманқуле, ки дар натиҷаи ба мерос ё туҳфа гирифтан, ё мавҷудияти молу мулки бесоҳиб пайдо мешаванд;  
3) оид ба ҳуқуқ ва уҳдадориҳои давлати хориҷӣ доир ба идора намудани молу мулки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта;
4) оид ба муқаррар намудан ва амалисозии ҳуқуқи давлати хориҷӣ ба объектҳои моликияти зеҳнӣ ва саноатие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти ҳимояи ҳуқуқӣ қарор доранд;
5) оид ба эҳтимолияти аз ҷониби давлати хориҷӣ вайрон кардани ҳуқуқҳои шахсони дигар ба объектҳои моликияти зеҳнӣ ва саноатие, ки ба шахсони сеюм тааллуқ дошта, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд.
Моддаи 11. Татбиқ нагардидани масунияти судӣ нисбат ба баҳсҳои вобаста ба истифодаи воситаҳои нақлиёти обӣ
1. Масунияти судӣ нисбат ба баҳсҳо оид ба истифодаи воситаҳои нақлиёти обӣ, ки давлати хориҷӣ соҳибмулк ё истифодабарандаи онҳо мебошад, татбиқ намегардад, агар дар лаҳзаи пайдо шудани далели барои даъво асосгашта чунин воситаҳо бо мақсади тиҷоратӣ, ё мақсади дигари фоидаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода шуда бошанд.
2. Муқаррароти қисми 1 моддаи мазкур дар сурате татбиқ мешаванд, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад.
Моддаи 12. Татбиқ нагардидани масунияти судӣ нисбат ба баҳсҳои вобаста ба ҷуброни зарар
Масунияти судӣ нисбат ба баҳсҳо оид ба ҷуброни зарари аз ҷониби давлати хориҷӣ ба ҳаёт, саломатӣ, молу мулк, шаъну шараф, эътибори кории шахси воқеӣ ва (ё) ба молу мулк, эътибори кории шахси ҳуқуқӣ расондашуда татбиқ намегардад, агар чунин талабот дар натиҷаи расондани зарар бо амал (беамалӣ) ё ҳолати дигар дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омада бошанд. 
Моддаи 13. Татбиқ нагардидани масунияти судӣ нисбат ба баҳсҳои меҳнатӣ 
1. Масунияти судӣ нисбат ба он баҳсҳои меҳнатӣ татбиқ намегардад, ки байни давлати хориҷӣ ва корманд оид ба коре, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ё қисман иҷро шудааст, ё бояд иҷро шавад, ба миён омадаанд.
2. Муқаррароти қисми 1 моддаи мазкур татбиқ намегарданд, агар:
1) корманд бо мақсади иҷро намудани уҳдадориҳои мушаххас оид ба амалисозии ваколатҳои мустақили ҳокимияти давлати хориҷӣ ба кор қабул шуда бошад;
2) корманд:
а) мутобиқи шартномаҳои байналмилалӣ агенти дипломатӣ ё шахси мансабдори консулӣ бошад;
б) корманди дипломатии намояндагиҳои доимии назди ташкилотҳои байналмилалӣ, миссияҳои махсус бошад ё ба ҳайати давлати хориҷӣ дар мақомоти ташкилоти байналмилалӣ, ё конфренсияи байналмилалӣ ба ин сифат шомил шуда бошад;
в) шахсе, ки масунияти дипломатӣ дошта бошад; 
3) мавзуи муҳокимаи судӣ ба кор қабул намудан, идома додани иҷрои вазифаҳои меҳнатӣ ё барқарор кардан ба кори пештара бошад;
4) мавзуи муҳокимаи судӣ қатъ гардидани муносибатҳои меҳнатӣ бо корманд бошад ва сарвари давлати хориҷӣ, ҳукумати давлати хориҷӣ ё роҳбари мақомоти корҳои хориҷии давлати хориҷӣ дар шакли хаттӣ тасдиқ кунад, ки чунин муҳокима ба манфиати амнияти ин давлати хориҷӣ дахл дорад;
5) дар лаҳзаи оғоз кардани муҳокима оид ба парванда дар суди Ҷумҳурии Тоҷикистон корманд шаҳрванди давлати хориҷие бошад, ки бо он шартномаи меҳнатӣ бастааст, ба истиснои ҳолате, ки ӯ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат намояд.
БОБИ 4. МАСУНИЯТ НИСБАТ БА ЧОРАҲОИ ТАЪМИНИ ДАЪВО ВА ИҶРОИ ҲАЛНОМАИ СУД
Моддаи 14. Масунияти давлати хориҷӣ нисбат ба чораҳои таъмини даъво ва иҷрои ҳалномаи суд  
Давлати хориҷӣ нисбат ба чораҳои таъмини даъво ва иҷрои ҳалномаи суд дорои масуният мебошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар он:
1) ба амалисозии юрисдиксияи суди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби пешбининамудаи қисми 1 моддаи 6 Қонуни мазкур розигӣ дода бошад;
2) бо мақсади қонеъ гардондани талаботе, ки мавзуи муҳокимаи судии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебошад, молу мулкро захира ё ба таври дигар таъин карда бошад;
3) муқаррар карда бошад, ки молу мулки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордоштаи давлати хориҷӣ аз ҷониби ин давлат бо мақсадҳои амалисозии ваколатҳои мустақили ҳокимият вобастанабуда истифода мешаванд ва (ё) барои истифода таъин гардидаанд.
Моддаи 15. Молу мулки давлати хориҷӣ, ки вобаста ба чораҳои таъмини даъво ва иҷрои ҳалномаи суд бо масуният фаро гирифта мешаванд
1. Масуният нисбат ба чораҳои таъмини даъво ва иҷрои ҳалномаи суд молу мулки зерини давлати хориҷиро фаро мегирад, ки моликияти он мебошанд ва барои истифода аз ҷониби он бо мақсади амалисозии ваколатҳои мустақили ҳокимият таъин гардидаанд: 
1) молу мулке (аз ҷумла, маблағи пулӣ дар суратҳисоби бонкӣ), ки бо мақсади амалисозии вазифаҳои намояндагиҳои дипломатӣ ё муассисаҳои консулии давлати хориҷӣ, миссияҳои махсус, намояндагиҳои назди ташкилотҳои байналмилалӣ, ҳайатҳои давлати хориҷӣ дар мақомоти ташкилотҳои хориҷӣ, ё дар конфренсияҳои байналмилалӣ истифода мегарданд, ё таъин шудаанд;
2) молу мулки ҳарбӣ ё молу мулке, ки бо мақсади ҳарбӣ, ё дар амалиёти сулҳофаронаи эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон   истифода мешаванд;
3) сарватҳои фарҳангӣ ё маводи бойгоние, ки ба фурӯш гузошта нашудаанд, ё барои фурӯхтан таъин нагардидаанд;
4) молу мулке, ки қисме аз нигораҳои намоишгоҳҳо буда, аҳамияти илмӣ, фарҳангӣ ё таърихӣ доранд ва ба фурӯш гузошта нашудаанд, ё барои фурӯш таъин нагардидаанд;
5) молу мулки бонки марказӣ ё мақомоти дигари давлати хориҷӣ, ки назорати бонкӣ ба вазифаҳои он дохил мешавад.
2. Муқаррароти қисми 1 моддаи мазкур бо назардошти талаботи  бандҳои 1) ва 2) моддаи 14 Қонуни мазкур татбиқ мешаванд.
БОБИ 5. ХУСУСИЯТҲОИ МУРОФИАИ СУДӢ ОИД БА ПАРВАНДАҲО БО ИШТИРОКИ ДАВЛАТИ ХОРИҶӢ
Моддаи 16. Мурофиаи судӣ оид ба парвандаҳо бо иштироки давлати хориҷӣ  
Парвандаҳо бо иштироки давлати хориҷӣ аз ҷониби суди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, баррасӣ мегарданд.  
Моддаи 17. Ба давлати хориҷӣ супоридани огоҳнома оид ба муҳокимаи судӣ  
1. Огоҳнома дар хусуси оғоз карда шудани парванда нисбат ба давлати хориҷӣ дар суди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои дигари судӣ тавассути роҳҳои дипломатӣ фиристода мешаванд. Санаи гирифтани огоҳнома аз ҷониби идораи пешбарандаи сиёсати хориҷии давлати дахлдор санаи супоридани чунин ҳуҷҷатҳо ҳисобида мешавад.
2. Супориши суди Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба супоридани  ҳуҷҷатҳо ба давлати хориҷӣ ва иҷрои амалҳои дигари мурофиавӣ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки тартиби расондани ёрии ҳуқуқиро танзим менамоянд, ба расмият дароварда мешавад.
3. Давлати хориҷие, ки дар муҳокимаи судӣ аз рӯи моҳияти парвандаи нисбат ба ӯ оғозгардида иштирок кардааст, наметавонад ба он ҳавола кунад, ки ҳуҷҷатҳо оид ба муҳокимаи судӣ тибқи муқаррароти қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур супорида нашудаанд.
Моддаи 18. Ҳалномаи ғоибона 
1. Суд ҳалномаи ғоибонаро нисбат ба давлати хориҷие, ки дар муҳокима дар суди Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок накардааст, баъд аз муқаррар кардани шартҳои зерин метавонад қабул намояд:
1)  талаботи қисмҳои 1 ва 2 моддаи 17 Қонуни мазкур риоя шуда бошанд; 
2) аз санаи супоридани ҳуҷҷатҳо ба давлати хориҷӣ дар бораи оғоз шудани парванда нисбат ба он на камтар аз ду моҳ гузашта бошад;
3) мутобиқи муқаррароти Қонуни мазкур давлати хориҷӣ натавонад аз масунияти судӣ истифода барад.
2. Нусхаи ҳалномаи ғоибонаи нисбат ба давлати хориҷӣ қабулгардида ба он давлат бо тартиби пешбининамудаи қисми 1 моддаи 17 Қонуни мазкур фиристода мешавад.
3. Муҳлати шикоят овардан нисбат ба бекор кардани ҳалномаи ғоибонаи суди Ҷумҳурии Тоҷикистон ду моҳ аз рӯзи супоридани нусхаи ин ҳалнома мутобиқи қисми 1 моддаи 17 Қонуни мазкур ҳисоб карда мешавад, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад.
БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 19. Татбиқ намудани Қонуни мазкур нисбат ба муносибатҳои ҳуқуқии то мавриди амал қарор дода шудани он пайдошуда
Муқаррароти Қонуни мазкурро нисбат ба муносибатҳои ҳуқуқии то мавриди амал қарор дода шудани он пайдошуда татбиқ намудан мумкин аст, агар он дар шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишномаи хаттии тарафайн, ки шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намешавад ё дар аризаи пешниҳодшуда ба суд дар доираи муҳокимаи судии парвандаи мушаххас пешбинӣ шуда бошад.
Моддаи 20. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 21. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                              Эмомалӣ РАҲМОН
 
ш. Душанбе,
15 марти соли 2023,
№ 1949