ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1892 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОҲИПАРВАРӢ, МОҲИГИРӢ ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ МОҲӢ Маҷлиси Олии ҶТ 19.07.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1874 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ Маҷлиси Олии ҶТ 08.06.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1873 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТЕҲСОЛОТИ ИҶРО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 08.06.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТЕҲСОЛОТИ ИҶРО

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 06/02/2020 - 08:52
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
373
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Аз эътибор соқитшуда
Сана: 
20.03.2008
  
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ИСТЕҲСОЛОТИ ИҶРО
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли  2008, № 3, мод.192; с. 2010, №7,  мод. 543; ҚҶТ аз 03.07.2012с., №867; аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.2019 с., №1613; аз 29.01.2021с., №1757)
Қонуни мазкур шарт ва тартиби иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдорро, ки тибқи қонунгузориии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакоблат доранд ба шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо ӯҳдадории ба манфиати дигар шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо ё ба бюҷети дахлдор супоридани маблағҳои пулӣ ва (ё) дигар молу мулк ё ба фоидаи онҳо содир намудани амалҳои муайян (худдорӣ намудан аз содир
намудани амалҳои муайян) – ро вогузор намоянд, муқаррар мекунад. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №867)
 
БОБИ 1. АСОСҲОИ ИСТЕҲСОЛОТИ  ИҶРО

 

 
Моддаи 1. Вазифаҳои истеҳсолоти иҷро
Вазифаҳои истеҳсолоти иҷро иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии маҷбурии санадҳои судӣ оид ба баҳсҳои гражданӣ, оилавӣ ва иқтисодӣ, ҳукм ва қарорҳои вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ дар қисми даъвои гражданӣ, ситонидани ҷарима ва мусодираи молу мулк, инчунин дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур иҷро намудани санадҳои дигар мақомот мебошанд. (ҚҶТ аз 21.07.10. №610; аз 20.06.19 с., №1613)
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти иҷро
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти иҷро ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 20.06.19 с., №1613)
 
Моддаи 3. Амали қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти иҷро дар замон
1. Истеҳсолоти иҷро мувофиқи қонунгузорие, ки дар вақти иҷро амал мекунад, анҷом дода мешавад.
2. Истеҳсолоти иҷро оид ба ситонидани қарзҳои андоз ва дигар  пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, рўёнидани ноустуворона оид ба сари вақт насупоридани ҷарима ва дигар муҷозот барои вайрон кардани қонунгузорӣ дар бораи андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва мувофиқи қонунгузории андозу гумрук ба амал бароварда мешавад.
 
Моддаи 31. Принципҳои истеҳсолоти иҷро
Истеҳсолоти иҷро дар асоси принсипҳои  зерин амалӣ мешавад:
-қонуният;
- сари вақт гузарониданиамалхои иҷро ва татбиқи чораҳои иҷрои маҷбурӣ;
- эҳтироми кадр ва номуси шаҳрванд;
- дахлнопазирии ҳадди ақали молу мулки барои зиндагии шаҳрванди қарздор ва оилаи ӯ зарур;
- мутобиқати ҳаҷми талаботи ситонанда ва чораҳои иҷро маҷбурӣ. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №867)
 
Моддаи 4. Мақомоти иҷрои маҷбурӣ
1. Иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои судии дигар давлатҳо ба зиммаи иҷрочиёни мақомоти иҷро гузошта мешавад. Иҷрои санадҳои судие, ки қарздорро барои содир намудани амалҳои муайян (худдорӣ намудан аз содир намудани амалҳои муайян) ўҳдадор менамояд, аз чониби судҳо бо тартиби муқарарнамудаи қонунгузории мурофиавии гражданӣ, мурофиавии иқтисодӣ ва Қонуни мазкур амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №867; аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613)
2. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомот оид ба ситонидани маблағи пулӣ, инчунин аз тарафи дигар мақомоти давлатӣ ба амал бароварда мешавад.
 
Моддаи 5. Номгўи ҳуҷҷатҳои иҷро
1. Ҳуҷҷатҳои иҷро инҳо мебошанд:
- варақаҳои иҷро, ки дар асоси санадҳои судӣ дода мешаванд;
- созишномаи ба таври нотариалӣ тасдиқшуда оид ба пардохти алимент; 
- навиштаҷоти иҷроия, ки аз ҷониби нотариусони давлатӣ ва шахсони мансабдори муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шудаанд;
- фармони судӣ;
- шаҳодатномае, ки дар асоси қарори комиссия оид ба баҳсҳои меҳнатӣ дода шудааст;
- қарорҳое, ки аз ҷониби мақомоти (шахсони мансабдори) ваколатдори баррасикунандаи парвандаҳо оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бароварда шудаанд;
- варақаҳои иҷро, ки судҳо дар асоси ҳалномаҳои судҳои ҳакамӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳанд;
- варақаҳои иҷро, ки судҳо дар асоси ҳалномаҳои судҳои давлатҳои хориҷӣ ва судҳои ҳакамии хориҷӣ (арбитражҳо) медиҳанд;
- талаботи мувофиқи тартиби муқарраркардашуда барасмиятдаровардашудаи мақомоти вазифаи назоратидошта дар бораи ситонидани маблағ бо қайди бонк ва ташкилоти дигари кредитӣ оид ба пурра ва ё қисман иҷро нагардидани ситониш бо сабаби набудани маблағҳои пулӣ дар суратҳисоби қарздор, ки талаботи ситонандаро пурра қонеъ намегардонад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигари иҷрои ҳуҷҷати иҷроро муқаррар накарда бошад;
- қарори прокурор оид ба тартиби маъмурӣ кўчонидани шаҳрвандоне, ки биноро худсарона ишғол кардаанд ё дар биноҳое истиқомат мекунанд, ки хавфи фурўравӣ доранд;
- қарорҳои мақомоти дигар дар ҳолатҳои бо қонунгузорӣ пешбинишуда.
2. Дар ҳолати гум кардани ҳуҷҷати иҷро барои ситониш дубликати он, ки аз тарафи суд ё мақомоти дигаре, ки санади дахлдорро баровардааст, дода мешавад, асос шуда метавонад.
 
Моддаи 6. Мўҳтавои ҳуҷҷати иҷро
1. Дар ҳуҷҷати иҷро бояд маълумотҳои зерин зикр гарданд:
- номи суд ва ё мақомоти дигаре, ки ҳуҷҷати иҷроро додааст;
- парванда ва маводе, ки вобаста ба он ҳуҷҷати иҷро дода шудааст ва рақамҳои онҳо;
- санаи баровардани санадҳои судӣ ё санадҳои мақомоти дигаре, ки бояд иҷро гардад;
- номи ситонанда–шахси ҳуқуқӣ ва қарздор–шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи онҳо;
- насаб, ном ва номи падари ситонанда-шахси воқеӣ ва қарздор-шахси воқеӣ, маҳалли истиқомати онҳо, таърихи рўз, ҷои таваллуди қарздор-шахси воқеӣ ва ҷои кори вай;  (ҚҶТ аз 20.06.19 с., №1613)
- қисми хулосавии санадҳои судӣ ё санадҳои мақомоти дигар;
- санаи эътибори қонунӣ пайдо намудани санадҳои судӣ ё санадҳои мақомоти дигар;
- санаи додани ҳуҷҷати иҷро ва мўҳлати пешниҳоди он барои иҷро.
2. Мўҳтавои фармон мутобиқи қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 130 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
3. Мўҳтавои созишномаи ба таври нотариалӣ тасдиқгардида оид ба пардохти алиментҳо мутобиқи қоидаҳои пешбининамудаи моддаҳои 100 ва 101 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷистон муайян карда мешавад.
4. Ҳуҷҷати иҷро, ки дар асоси санади судӣ дода шудааст, бо имзои судя ва мўҳри нишондори суд тасдиқ карда мешавад.
5. Ҳуҷҷати иҷрое, ки дар асоси санади мақомоти дигар дода шудааст, аз тарафи шахси мансабдори ин мақомот ва дар ҳолатҳои дигаре, ки қонун муқаррар кардааст, аз тарафи шахсе, ки ҳуҷҷатро навиштааст, имзо карда мешавад. Ҳуҷҷати иҷро бо мўҳри мақомоте, ки онро додааст, тасдиқ карда мешавад.
 
БОБИ 2. ШАРТҲОИ УМУМИИ ИҶРО НАМУДАНИ АМАЛҲОИ ИҶРО
 
Моддаи 7. Супоридани ҳуҷҷати иҷро
1. Ҳуҷҷати иҷро аз ҷониби суд ба ситонанда баъд аз эътибори  қонунӣ пайдо намудани санади судӣ супорида мешавад, ба истиснои мавридҳое, ки ҳуҷҷати иҷро фавран баъд аз қабули санади судӣ дода мешавад. Ҳуҷҷати иҷро ба ситонанда супорида мешавад ё ин ки бо дархости ў барои иҷро бевосита аз ҷониби суд равон карда мешавад.
2. Супоридани ҳуҷҷати иҷро барои иҷро мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. 
 
Моддаи 8. Маҳалли гузаронидани амалҳои иҷро
1. Агар қарздор шахси воқеӣ (минбаъд – шаҳрванд) бошад, пас амали иҷро аз тарафи иҷрочии мақомоти иҷро дар маҳалли истиқомат, ҷои кор ё дар маҳалли ҷойгиршавии молу мулки вай гузаронида мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
2. Агар қарздор шахси ҳуқуқӣ (минбаъд – ташкилот) бошад, пас амали иҷро аз ҷониби иҷрочии мақомоти иҷро дар маҳалли ҷойгиршавии ташкилот ва ё маҳалли ҷойгиршавии молу мулки он гузаронида мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
3. Иҷрои талаботи дар ҳуҷҷатҳои иҷро муайяншудае, ки қарздорро барои иҷро намудани ҳаракатҳои муайян ўҳдадор менамояд, дар маҳалли иҷрои ин амалҳо ба ҷо оварда мешаванд.
4. Ҳуҷҷати иҷрое, ки аз тарафи як иҷрочии мақомоти иҷро ба иҷрочии мақомоти иҷро дигар равона карда шудааст, аз тарафи охирон барои иҷро қабул карда мешавад. Маҳалли иҷрои амалҳои иҷро байни иҷрочиёни мақомоти иҷро мавриди баҳс шуда наметавонад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
5. Агар дар ҷараёни иҷрои ҳуҷҷати иҷро тағйироте дар маҳалли истиқомати қарздор, ҷои кор ва маҳалли ҷойгиршавии ў ба вуқўъ ояд ва ё муқаррар гардад, ки молу мулки қарздор, ки мебоист ба он ситониш нигаронида шавад, дар ҷои аввалааш нест, иҷрочии мақомоти иҷро фавран дар ин бора санад тартиб дода, на дертар аз рўзи дигари баъди тартиб додани он ҳуҷҷати иҷроро бо нусхаи ин ҳуҷҷат ба иҷрочии мақомоти иҷрои маҳалли нави истиқомати қарздор, ҷои кори вай, маҳалли ҷойгиршавии вай ё маҳалли нави ҷойгиршавии молу мулки қарздор  равон менамояд. Ҳамзамон, иҷрочии мақомоти иҷро дар ин бора ба ситонанда, суд ё дигар мақомоте, ки ҳуҷҷати иҷроро додааст, хабар медиҳад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
6. Агар иҷро талаботи ситонандаро пурра қонеъ нагардонад, иҷрочии мақомоти иҷро оид ба ин ҳолат фавран санад тартиб дода, на дертар аз рўзи дигари баъди тартиб додани он ҳуҷҷати иҷроро якҷоя бо нусхаи ин ҳуҷҷат ба иҷрочии мақомоти иҷрои маҳалли ҷойгиршавии молу мулки боқимондаи қарздор мефиристад. Ҳамзамон, иҷрочии мақомоти иҷро  дар ин бора ба ситонанда, суд ё дигар мақомоте, ки ҳуҷҷати иҷро додааст, хабар медиҳад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613)
7. Агар ҳангоми иҷрои ҳуҷҷати иҷро зарурат ба миён ояд, иҷрочии мақомоти иҷро метавонад амали худро дар маҳалле, ки ба салоҳияти ў дохил намешавад, ба анҷом расонад. Дар ин ҳолат иҷрочии мақомоти иҷро мутобиқи қисми 5 моддаи мазкур санад тартиб дода, ба маҳалли зикршуда меравад ва дар муддати як шабонарўз аз зарурати гузаронидани амалҳои иҷро дар маҳалли мазкур ба суди дахлдор хабар медиҳад, ки дар ин ҳолат суд ба иҷрочии мақомоти иҷро мусоидат менамояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
 
Моддаи 9. Вақти гузаронидани амалҳои иҷро
1. Амалҳои иҷро дар рўзҳои корӣ аз соати 6 то 22 вақти маҳаллӣ гузаронида мешавад. Вақти аниқи гузаронидани амалҳои иҷро аз тарафи иҷрочии мақомоти иҷро муайян карда мешавад. Тарафҳое, ки дар истеҳсолоти иҷро иштирок мекунанд (минбаъд – тарафҳо) ҳуқуқ доранд, ки вақти барои онҳо мувофиқро ҷиҳати гузаронидани амалҳои иҷро пешниҳод намоянд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
2. Дар ҳолати пайдо шудани шубҳаи асоснок ба рафтори қарздор, ки ў метавонад моликияти ситонидашавандаро харҷ ё пинҳон кунад ё дигар амалҳоеро содир намояд, ки метавонанд дар мавриди таъхир кардан иҷрои санадҳои судӣ ва санадҳои мақомоти дигарро душвору номумкин гардонанд, инчунин дар ҳолатҳое, ки ба таъхир гузоштан мумкин нест, аз он ҷумла ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон хатар дошта бошад ё иҷрои амалҳои иҷро дар вақти муқаррарнамудаи қисми 1 моддаи мазкур бо гуноҳи қарздор номумкин бошад, иҷрочии мақомоти иҷро ҳуқуқ дорад амалҳои иҷроро бо иҷозати суди маҳалли ҷойгиршавии молу мулк дар рўзҳои истироҳат, рўзҳои ид ва шабона низ гузаронад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
 
Моддаи 10. Оқибатҳои вайронкунии талаботҳое, ки ба ҳуҷҷати иҷро  пешниҳод мегарданд
1. Иҷрочии мақомоти иҷро ҳуҷҷати иҷроро дар муддати се рўз аз рўзи ворид шуданаш, агар он бо вайрон намудани мўҳлати пешниҳоди иҷро ба вай равон карда шуда бошад, ба ситонанда ё ин ки дар сурати мувофиқат накардани он ба талаботи пешбининамудаи моддаи 6 Қонуни мазкур, ба суд ё дигар мақомоте, ки ҳуҷҷати иҷроро додааст, бармегардонад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
2. Дар бораи баргардонидани ҳуҷҷати иҷро иҷрочии мақомоти иҷро қарор мебарорад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
3. Иҷрочии мақомоти иҷро на дертар аз як рўз баъди баровардани қарор дар бораи баргардонидани ҳуҷҷати иҷро нусхаи онро бо ҳуҷҷати иҷро ба ситонанда, суд ва мақомоти дигаре, ки ҳуҷҷати иҷроро додааст, мефиристад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
4. Дар қарор оид ба баргардонидани ҳуҷҷати иҷро асосҳои баргардонидани ҳуҷҷати иҷро нишон дода шуда, барои бартараф намудани камбудиҳо ҷойдошта мўҳлат муқаррар карда мешавад, агар асоси баргардонидан иҷро накардани талаботи пешбининамудаи моддаи 6 Қонуни мазкур бошад.
5. Дар сурати дар мўҳлати муқарраршуда бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, ҳуҷҷати иҷро аз рўзи аввали ба иҷрочии мақомоти иҷро расидан, воридшуда ҳисоб карда мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
6. Риоя накардани мўҳлати муқарраргардида барои ислоҳи камбудиҳо роҳдодашуда, ҷиҳати дубора фиристонидани ҳуҷҷати иҷро ба иҷрочии мақомоти иҷро мувофиқи тартиботи умумӣ, баъди ислоҳи ин вайронкуниҳо монеъ шуда наметавонад. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №867; аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613)
7. Ҳуҷҷати иҷро, ки бе бартараф намудани камбудиҳои дар қарор оид ба баргардонидани он нишон додашуда дохил гардидааст, иҷро карда намешавад ва ба ситонанда ё мақомоти онро равонкарда баргардонида мешавад.
 
Моддаи 11. Асосҳои татбиқи чораҳои маҷбурии иҷро
Асосҳои татбиқи чораҳои маҷбурии иҷро ба таври ихтиёрӣ иҷро накардани санадҳои судӣ ё санади дигар мақомот, ҳамчунин мавҷуд будани ҳуҷҷати иҷро мебошанд.
 
Моддаи 12. Мўҳлатҳои гузаронидани амалҳои иҷро
1. Амалҳои иҷро ва талаботе, ки дар ҳуҷҷати иҷро дарҷ шудаанд, бояд аз тарафи иҷрочии мақомоти иҷро дар муддати ду моҳ баъд аз ворид шудани ҳуҷҷати иҷро бо тартиби навбати воридшавии онҳо мавриди иҷро қарор дода шаванд. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №867; аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613)
2. Ба иҷрои фаврӣ талаботи чунин ҳуҷҷатҳои иҷро мансубанд:
- оид ба ситонидани алимент, музди меҳнат ё дигар пардохтҳо барои меҳнат дар доираи пардохтҳои барои як моҳ ҳисобкардашуда, инчунин оид ба рўёнидани маблағи умумии қарзҳо вобаста ба ин пардохтҳо, агар ҳуҷҷатҳои иҷро рўёнидани фаврии онҳоро муқаррар намояд;
- барои ба кор ё мансаби пештара барқарор кардани корманди ғайриқонунӣ озодшуда ё ба кори дигар гузаронидашуда;
- санадҳои судӣ оид ба парвандаҳо дар бораи мавриди баҳс қарор додани санадҳои ғайримеъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳо ва амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомот ва шахсони мансабдор;
- оид ба ҷуброни расонидани зарари ҷисмонӣ ё зарар ба саломатӣ;
- оид ба ҷуброни зараре, ки вобаста ба фавти саробон расонида шудааст;
- оид ба ҳамроҳ кардани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рўйхати интихобкунандагон ва иштирокчиёни раъйпурсӣ;
- оид ба парвандаҳои дигар, агар иҷрои фаврии талабот дар ҳуҷҷати иҷро ва ё қонун пешбинӣ гардида бошад.
 
Моддаи 13. Мўҳлатҳои ба иҷро пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои иҷро
1. Ҳуҷҷатҳои иҷро барои иҷрои маҷбурӣ дар мўҳлатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- варақаҳои иҷро, ки дар асоси санадҳои судӣ ва фармонҳои судӣ дода шудаанд - дар давоми се сол;
- навиштаҷоти иҷрои мақомоти нотариалӣ – дар давоми се сол;
- варақаҳои иҷрое, ки дар асоси ҳалномаҳои судҳои ҳакамӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд – дар давоми се сол;
- варақаҳои иҷро, ки судҳо дар асоси ҳалномаҳои судҳои давлатҳои хориҷӣ ва судҳои ҳакамии хориҷӣ (арбитражҳо) дода шудаанд - дар давоми се сол;
- шаҳодатномае, ки комиссия оид ба баҳсҳои меҳнатӣ додааст – дар давоми се моҳ;
- қарори мақомоте (шахсони мансабдоре), ки барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ваколатдор мебошанд – дар давоми як сол; (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №867)
- талаботи бо тартиби муқарраргардида ба расмиятдаровардашудаи мақомоти вазифаи назоратидошта дар бораи рўёнидани маблағ бо қайди бонк ё ташкилоти дигари кредитӣ оид ба пурра ё қисман иҷро нагардидани ситониш – дар давоми шаш моҳ.
2. Мўҳлатҳои дар қисми 1 моддаи мазкур нишондодашуда ҳангоми пешниҳод ба иҷро ҳисоб  карда мешаванд:
- ҳуҷҷатҳои иҷро, ки дар сархатҳои якум ва сеюми қисми 1 моддаи мазкур (ба истиснои фармонҳои судӣ) – аз рўзи эътибори қонунӣ пайдо кардани санади суд ё хотимаи мўҳлате, ки ҳангоми ба таъхиргузорӣ ё ба давраҳо ҷудо намудани мўҳлати иҷро муқаррар гардидааст ё аз рўзи баровардани таъинот оид ба барқарор намудани мўҳлати гузаронидашуда барои пешниҳоди варақаи иҷро барои иҷро ва дар ҳолатҳое, ки агар санади суд бояд фавран иҷро карда шавад – аз рўзи дигари баровардани он;
- фармонҳои судӣ - пас аз гузаштани мўҳлати даҳ рўз аз рўзи супоридани онҳо;
- талаботи дар сархати ҳафтуми қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда – аз рўзи баргардонидани он аз ҷониби бонк ё ташкилоти дигари кредитӣ ба ситонанда ё равон кардан ба иҷрочии мақомоти иҷро (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613);
- нисбати дигар ҳуҷҷатҳои иҷро - аз рўзи дигари додани онҳо.
3. Ҳуҷҷатҳои иҷро оид ба ситонидани пардохтҳои давравӣ (ситонидани алимент, оид ба ҷуброни расонидани зарари ҷисмонӣ ё зарар ба саломатӣ ва ғайра) дар ҳамаи даврае, ки пардохтҳо сурат мегиранд, эътибор дорад. Ҳамин тартиб нисбати созишнома оид ба ситонидани алимент, ки ба таври нотариалӣ тасдиқ шудааст, низ паҳн мегардад. Дар ин ҳолатҳо мўҳлат барои ҳар як пардохт дар алоҳидагӣ ҳисоб карда мешавад.
 
Моддаи 14. Канда шудани мўҳлат ҳангоми пешниҳод намудани ҳуҷҷати иҷро 
1. Дар ҳолатҳои зерин мўҳлати ба иҷро пешниҳод намудани ҳуҷҷати иҷро канда мешавад:
- ба иҷро пешниҳод намудани ҳуҷҷати иҷро;
- аз ҷониби қарздор қисман иҷро намудани ҳуҷҷати иҷро;
- боздоштани истеҳсолоти иҷро мувофиқи моддаҳои 22 ва 23 Қонуни мазкур.
2. Баъди канда шудани мўҳлати пешниҳоди ҳуҷҷати иҷро барои иҷро ҷараёни вақт аз нав оғоз карда мешавад. Вақти то канда шудани мўҳлати гузашта ба мўҳлати нав ҳисоб карда намешавад.
3. Дар мавриди ба ситонанда баргардонидани ҳуҷҷати иҷро бо сабаби пурра ё қисман ғайриимкон будани иҷрои он, мўҳлати пешниҳоди ҳуҷҷати иҷро барои иҷро пас аз канда шудан, аз рўзи баргардонидани ҳуҷҷати иҷро ба ситонанда ҳисоб карда мешавад.
 
Моддаи 15. Барқарор намудани мўҳлати гузаронидашудаи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои барои иҷро
Ариза оид ба барқрарор намудани мӯҳлати гузаронида шудаи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои иҷро барои иҷро бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №867)
 
Моддаи 16. Чораҳои иҷрои маҷбурӣ
1. Чораҳои иҷрои маҷбурӣ инҳо мебошанд:
а) дар истеҳсолоти иҷро оид ба талаботи пулӣ:
- нигаронидани ситониш ба молу мулки манқули қарздор;
- нигаронидани ситониш ба молу мулки ғайриманқули қарздор;
- нигаронидани ситониш ба ҳуқуқи талабот ва дигар ҳуқуқҳои  бегонашавандаи молу мулкии қарздор;
б) дар истеҳсолоти иҷро оид ба талаботи дигар:
- иҷрои қарорҳое, ки қарздорро ба содир намудани амалҳои муайян ўҳдадор менамояд;
- иҷрои қарорҳое, ки қарздорро ба худдорӣ ва тоқат кардан ба содир намудани амалҳои муайян ўҳдадор менамояд;
- иҷрои қарор оид ба кашида гирифтан аз қарздор ва ба ситонанда супоридани ашёи муайян.
2. Иҷрои санадҳои судие, ки ба фаҳмондан равона гардидааст, иҷро карда намешаванд. Фаҳмондан аз лаҳзаи эътибори қонунӣ пайдо кардани санади судӣ иҷрошуда ҳисобида мешавад.
 
Моддаи 17. Оғози истеҳсолоти иҷро
1. Иҷрочии мақомоти иҷро ўҳдадор аст ҳуҷҷати иҷроро аз ситонанда ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ аз суд ё дигар мақомоте, ки онро додааст, барои иҷро қабул намояд ва фавран истеҳсолоти иҷроро оғоз намояд, агар ҳуҷҷати мазкур ба талаботи пешбининамудаи моддаи 6 Қонуни мазкур мутобиқ бошад ва мўҳлати пешниҳоди ҳуҷҷати иҷро барои иҷро ба охир нарасида бошад. Дар ҳолатҳое, ки иҷрои санадҳои суд ба судҳо вогузор мешавад, суд барои иҷро ҳуҷҷати иҷроро аз ситонанда қабул менамояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613)
2. Ситониш ба молу мулки қарздор нигаронида мешавад, ба истиснои молу мулке, ки тибқи қонун ба он нигаронидани ситониш мумкин нест. Ситонанда ҳуқуқ дорад он навъи молу мулкро нишон диҳад, ки нисбат ба онҳо дар навбати аввал ситониш нигаронида мешавад. Ҳангоми ба вуҷуд омадани баҳс оид ба тартиби навбати ситониш байни ситонанда ва қарздор, навбати нигаронидани ситониш аз молу мулки қарздор аз ҷониби иҷрочии мақомоти иҷро муайян мегардад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613)
3. Бо мақсади таъмин намудани иҷрои ҳуҷҷати иҷро оид ба ситонидани молу мулк мувофиқи аризаи ситонанда иҷрочии мақомоти иҷро вазифадор аст дар якҷоягӣ бо баровардани қарор оид ба оғоз намудани истеҳсолоти иҷро моликияти қарздорро ба рўйхат гирифта, ба он ҳабс гузорад, ки дар  ин бора дар протокол қайд карда мешавад. Иҷрочии мақомоти иҷро метавонад ҳангоми оғози истеҳсоли иҷро оид ба ҳуҷҷати иҷро, ки дар асосӣ ариюзаи ситонганда дар хусуси маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намояд. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №867; аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613)
 
 Моддаи 171. Рад намудани оғози истеҳсолоти иҷро
1. Иҷрочии мақомоти иҷро ҳуҷҷати иҷроро дар муддати се рўз аз рўзи ворид шуданаш, агар иҷрои он ба ваколати ў дохил нагардад, ба суд ё мақомот ва ё ситонанда, ки онро барои иҷро пешниҳод намудааст, бо қабули қарор оид ба рад намудани оғози истеҳсолоти иҷро бармегардонад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
2. Нусхаи қарори иҷрочии мақомоти иҷро оид ба рад намудани оғози истеҳсолоти иҷро бо замимаи ҳамаи ҳуҷҷатҳои воридшуда на дертар аз рўзи дигар, баъд аз баровардани қарори мазкур ба ситонанда, инчунин ба суд ё дигар мақомоте, ки ҳуҷҷати иҷроро додаст, ирсол карда мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
 
Моддаи 18. Муайян намудани вазъи молумулкии қарздор
1. Агар иҷрои маҷбурӣ ба пурра қонеъгардонии ситониш оварда нарасонад, иҷрочии мақомоти иҷро аз рўи аризаи ситонанда қарздорро даъват намуда, ўро оид ба вазъи молумулкиаш мепурсад, ки дар ин бора протокол тартиб дода мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
2. Иҷрочии мақомоти иҷро қарздорро ҷиҳати тартиб додани номгўи  молу мулкаш ўҳдадор менамояд, агар ҳангоми иҷро муайян карда нашавад, ки қарздор дорои дигар молу мулк мебошад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
3. Дар номгўи молу мулк қарздор ўҳдадор аст асосҳо ва далелҳои исботкунандаи талаботи молумулкии ба ў тааллуқдоштаро нишон диҳад. Аз номгўй инчунин бояд маълум гардад, ки муддати солҳои охир қарздор кай ва ба кӣ барои ихтиёрдории ройгони молу мулки худ имконият фароҳам овардааст, агар ин ҳолат ба тўҳфаҳои номунтазам вобаста набошад.
4. Қарздор оид ба он ки маълумоти пешниҳодшудааш мукаммал буда, ба ҳақиқат мутобиқанд, итминон медиҳад, ки ин ба протокол ворид карда мешавад.
5. Қарздоре, ки тибқи қисми 1 моддаи мазкур пурсида шудааст, дар асоси аризаи ситонанда оид ба вазъи молу мулк бо баохиррасии се сол такроран пурсида мешавад. Пурсиши такрорӣ оид ба вазъи молу мулки қарздор то баохиррасии се сол дар асоси аризаи ситонанда мумкин аст, агар ситонанда маълумоти асоснок пешниҳод намуда бошад, ки қарздор дар мўҳлати баохиррасида молу мулк ба даст овардааст ё ба муносибатҳои нави меҳнатӣ ворид шудааст.
6. Агар қарздор ба пурсиш ҳозир нашавад ва ё номгўи молу мулкашро пешниҳод накунад ё оид ба дуруст будани маълумоташ итминон надиҳад, суди ҷои истиқомати қарздор бо пешниҳоди иҷрочии мақомоти иҷро ўро ба ҷавобгарии маъмурӣ мекашад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
7. Иҷрочии мақомоти иҷро ҳуқуқ дорад пуррагӣ ва дурустии нишондоди қарздорро бо роҳи бадастории маълумоти дахлдор ё дигар роҳ санҷад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
 
Моддаи 19. Тартиби нигаронидани ситониш ба дигар молу мулки қарздор
1. Нигаронидани ситониш ба дигар молу мулки қарздор бо роҳи гузоштани ҳабс (ба рўйхат гирифтан), кашида гирифтан ва фурўши маҷбурии ин молу мулк амалӣ карда мешавад.
2. Ситониш ба молу мулки қарздор, аз он ҷумла ба дигар арзишҳое, ки дар бонкҳо ва дигар ташкилотҳои кредитӣ нигоҳ дошта мешаванд, ба ҳамон андоза ва ҳаҷме, ки барои иҷрои ҳуҷҷати иҷро бо назардошти ситонидани пардохт ва хароҷотҳо оид ба гузаронидани амали иҷро зарур аст, нигаронида мешавад.
3. Агар дар рафти иҷро муқаррар гардад, ки молу мулки қарздор -ташкилот ё шаҳрванд барои пўшонидани қарз кифоя нест, аммо қонунгузор муфлис эътироф намудани қарздорро роҳ медиҳад, иҷрочии мақомоти иҷро ўҳдадор аст дар ин хусус ситонандаро огоҳ намояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
4. Нигаронидани ситониш ба молу мулки қарздоре, ки бо тартиби муқарраргардида муфлис эътироф гардидааст, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
5. Дар ҳолати азнавташкилдиҳии ташкилот дар лаҳзаи иҷрои ҳуҷҷати иҷро иҷрочии мақомоти иҷро вориси ҳуқуқии қарздорро муқаррар менамояд ва ба суде, ки ҳалнома баровардааст, ариза бо пешниҳод дар бораи баровардани таъинот оид ба ивази қарздор ба вориси ҳуқуқии  он ирсол менамояд. Дар ҳолати набудани вориси ҳуқуқӣ ҳангоми азнавташкилдиҳии ташкилот ҳуҷҷати иҷро ба ситонанда баргардонида мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
 
Моддаи 20. Нигаронидани ситониш ба молу мулки ба гарав гузошташуда
Ба молу мулки ба гарав гузошташуда мумкин аст бо риояи ҳуқуқҳои гаравгир, ки қонунгузории гражданӣ муқаррар намудааст, ситониш нигаронида шавад.
 
Моддаи 201. Нигаронидани ситониш ба молу мулки манқул, ки ба сифати таъминот пешниҳод шудааст
(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562)
Нигаронидани ситониш ба молу мулки манқул, ки ба сифати таъминот пешниҳод шудааст (гарав, лизинг ва усули дигари таъминот), бо риояи ҳуқуқҳои кредитори таъминшуда, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, бо роҳи аз қарздор кашида гирифтан ва барои фурӯш ба кредитор супоридани мавзӯи таъминот амалӣ карда мешавад.
Кредитори таъминшуда ӯҳдадор аст бовиҷдонона ҷиҳати ба амал баровардани фурӯши мавзӯи таъминот тавре чораҳо андешад, ки онҳо барои ҳамаи тарафҳои иштироккунанда бо назардошти шароити воқеӣ манфиатнок бошанд.
Маблағҳои аз фурӯш бадастомада барои пардохти талаботе равона мегарданд, ки бо молу мулки фурӯхташаванда таъмин гардидаанд. Маблағҳои аз фурӯш боқимонда бошад, ба иҷрочии мақомоти иҷро барои пардохт намудани дигар талаботи кредиторон бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дар ҳолати мавҷуд набудани талаботи дигари кредиторон ба қарздор баргардонида мешаванд. (ҚҶТ аз 20.06.19 с., №1613)
Агар маблағҳои аз фурӯш бадастомада барои пардохти ҳамаи талаботе, ки бо молу мулки фурӯхташаванда таъмин гардидаанд, нокифоя бошанд, қисми боқимондаи талабот аз молу мулки дигари қарздор бо тартиби барои талаботи кредиторони таъминнашуда, ки Қонуни мазкур муқаррар намудааст, пардохт мегардад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562).
 
Моддаи 21. Батаъхиргузорӣ, ба давраҳо ҷудо намудан ва дароз кардани мўҳлати иҷрои санадҳои судӣ ва мақомоти дигар, тағйир додани тарз ва тартиби иҷрои он, индексатсияи маблағҳои ба дигар шахс мансубдониста            
1. Ҳангоми мавҷуд будани ҳолатҳое, ки барои анҷом додани амали иҷро монеъ мебошанд, иҷрочии мақомоти иҷро ва тарафҳо ҳуқуқ доранд, ки ба суд ё мақомоти дигаре, ки ҳуҷҷати иҷроро додааст, бо ариза дар бораи батаъхиргузорӣ, ба давраҳо ҷудо намудан ё оид ба дароз кардани мўҳлати иҷро, оид ба тағйир додани тарз ва тартиби иҷрои он, инчунин оид ба индексатсияи маблағҳои ба дигар шахс мансубдониста муроҷиат намоянд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
2. Тартиби баррасии масъалаҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда тибқи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад.
 
Моддаи 22. Мавқуф гузоштани амали иҷро
Иҷрочии мақомоти иҷро метавонад ҳангоми ҳозир нашудани ситонанда амали иҷроро мавқум гузорорнад. Дар бораи мавқум гузоштани ва таъин кардани рӯзи дигари гузоронидани асмали иҷро иҷрочии мақомоти иҷро қарор қабул менамояд. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №867; аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613)
 
Моддаи 23. Ҳатмӣ будани боздоштани истеҳсолоти иҷро
Истеҳсолоти иҷро дар мавридҳои зерин ҳатман аз ҷониби суд бояд боздошта шавад:
- фавти қарздор, фавтида эълон кардан ё бедарак ғоиб эътироф намудани он, агар муносибатҳои ҳуқуқии муқаррарнамудаи суд ворисии ҳуқуқиро иҷозат диҳад;
- қабул намудани қарор дар бораи барҳам додани шахси ҳуқуқӣ ё оғоз намудани парванда аз ҷониби суди иқтисодӣ дар бораи муфлисшавӣ, тибқи тартиби бо қонунгузорӣ муқарраргардида;
- ғайри қобили амал эътироф намудани қарздор;
- пешниҳоди шикоят ба суд нисбат ба амали мақомоте (шахси мансабдоре), ки ваколатдор аст парвандаҳоро оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ намояд;
- аз ҷониби суд ё шахси мансабдор баровардани қароре, ки ба вай бо қонунгузорӣ ҳуқуқи боздоштани иҷрои ҳуҷҷати иҷро дода шудааст;
- иштирок намудани қарздор дар амалиёти ҷангӣ дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қўшунҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудаанд  ё хоҳиши ситонанда, ки дар чунин ҳолат қарор дорад;
- аз тарафи қарздор ва ё ситонанда мавриди баҳс қарор додани натиҷаҳои нархмонии молу мулки қарздор;
- пешниҳоди даъво дар бораи аз ҳабс озод кардани (аз рўйхат баровардани) молу мулке, ки мутобиқи ҳуҷҷати иҷро аз он ситонидан сурат мегирад;
- аз ҷониби қарздор бо тартиби судӣ мавриди баҳс қарор додани ҳуҷҷати иҷро, агар чунин баҳсро қонун иҷозат дода бошад.
 
Моддаи 24.  Боздоштани истеҳсолоти иҷро
Суд метавонад инчунин дар мавридҳои зерин истеҳсолоти иҷроро боздорад:
- дар муассисаи статсионарӣ таҳти муолиҷа қарор доштани қарздор;
- пешниҳоди шикоят нисбат ба амали иҷрочии мақомоти иҷро ё дар бораи  аз ҷониби ў рад кардани амали иҷро, инчунин нисбат ба рад кардани рад намудани иҷрочии мақомоти иҷро (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
- кофтукови қарздор, молу мулки ў ё кофтукови кўдаке, ки аз ў гирифта шудааст;
- хоҳиши ситонанда;
- бо ариза ҷиҳати тавзеҳи санадҳои судӣ, ки бояд иҷро карда шаванд, муроҷиат намудани иҷрочии мақомоти иҷро ба суде, ки ҳуҷҷати иҷроро додаст (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613);
- азнавташкилшавии ташкилот, ки қарздор мебошад;
- бо хоҳиши қарздор, ки дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қўшунҳо ва воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтаанд, хизмати ҳарбиро мутобиқи даъват адо менамояд;
- дар сафари тўлонии хизматӣ қарор доштани қарздор.
 
Моддаи 25. Тартиби боздоштани истеҳсолоти иҷро
Тартиби боздоштани истеҳсолоти иҷро мувофиқи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
 
Моддаи 26. Мўҳлатҳои боздоштани истеҳсолоти иҷро
Истеҳсолоти иҷро дар ҳолатҳои зерин боздошта мешавад:
- фавти қарздор ё фавтида эълон кардан, бедарак ғоиб ё ғайри қобили амал эътироф намудани он, азнавташкилдиҳии ташкилоте, ки қарздор мебошад ё бо тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ қабул кардани қарор дар бораи барҳамдиҳии он ё аз тарафи суди иқтисодӣ оғоз намудани парвандаи муфлисшавии қарздор – то муайян гардидани вориси ҳуқуқии ў, вогузории моликияти бедарак ғоиб эътирофшуда аз тарафи суд ба идоракунандае, ки аз ҷониби мақомоти васояту парасторӣ муайян карда шудааст ё ба қарздори ғайри қобили амал васӣ таъин гардидааст ё бо тартиби муқарраркарда қабул намудани қарор дар бораи барҳамхўрии ташкилот, муфлис эълон кардани қарздор;
- иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қўшунҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудаанд, аз ҷониби қарздор ё ситонанда, бо хоҳиши қарздор, ки дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қўшунҳо ва воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хизмати ҳарбиро мутобиқи даъват адо менамояд, дар сафари тўлонии хизматӣ қарор доштан, дар муассисаи статсионарӣ таҳти муолиҷа қарор доштан, кофтукови қарздор, молу мулки ў ё кофтукови кўдаке, ки аз ў гирифта шудааст - то ба охир расидани амалиёти ҷангӣ ё озод шудани қарздор ё ситонанда аз чунин сафарбарӣ, то аз хизмати ҳарбӣ озод шудан ё оғози хизмати ҳарбӣ мутобиқи қарордод дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қўшунҳо ва воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бозгашт аз сафари тўлонии хизматӣ, ҷавоб шудан аз муассисаи статсионарӣ ё ба охир расидани кофтукови қарздор, молу мулки ў ё кофтукови кўдаке, ки аз ў гирифта шудааст;
- мавриди баҳс қарор додани амалҳои иҷро, ҳамчунин ҳуҷҷати иҷро ё санади судӣ ё санади мақомоти дигар, ки дар асоси он ҳуҷҷати иҷро дода шудааст – то моҳиятан пурра ҳал гардидани ҳамин масъала;
- шикоятҳо оид ба радкунии рад кардани иҷрочии мақомоти иҷро – то лаҳзаи баррасии шикоят аз тарафи суд ва дар дигар маврид – то тамом шудани ҳолатҳое, ки боиси боздоштани истеҳсолоти иҷро гардидаанд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
 
Моддаи 27. Аз нав оғоз кардани истеҳсолоти  иҷро
Истеҳсолоти иҷро баъд аз бартараф намудани ҳолатҳое, ки асоси  боздоштан гардида буданд, аз рўи аризаи ситонанда ё бо ташаббуси иҷрочии мақомоти иҷро аз ҷониби суд аз нав оғоз карда мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
 
Моддаи 28. Кофтукови қарздор ва молу мулки он
1. Аз рўи парвандаҳо оид ба ситонидани алимент, рўёнидани ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи расонидани зарари ҷисмонӣ ё зарари дигар ба саломатӣ ё ин ки вобаста ба фавти саробон расидааст, инчунин дигар ҳолатҳое, ки ҷои истиқомати қарздор ва  макони молу мулки ӯ номаълум мебошад, дар асоси ариза иҷрочии мақомоти иҷро ё ситонанда суди маҳалли иҷрои ҳуҷҷати иҷро метавонад кофтукови қарздорро ба воситаи мақомоти корҳои дохилӣ эълон намояд. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №867; аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613)
2. Кофтуков дар маҳалли иҷрои ҳуҷҷати иҷро ё охирин маҳалли истиқомати маълуми (маҳалли ҷойгиршавии) қарздор ё маҳалли ҷойгиршавии молу мулки вай, инчунин дар маҳалли истиқомати (маҳалли ҷойгиршавии) ситонанда, эълон карда мешавад.
3. Хароҷот оид ба кофтукови қарздор ба хароҷот оид ба содир намудани амалҳои иҷро дахл дошта, бояд аз тарафи суд аз ҳисоби қарздор ба буҷети давлатӣ ситонида шавад.
 
Моддаи 29. Нигаронидани ситониш ба молу мулке, ки қарздор бегона намудааст
1. Дар ҳама ҳолатҳое, ки нигаронидани ситониш ба молу мулки қарздор ба пурра қонеъ гардонидани талаботи ситонанда оварда нарасонидааст, ситониш метавонад ба молу мулке, ки қарздор бо нияти расонидани зарар ба қарздиҳандагон бегона кардааст, ба шарте ки шахси сеюм ҳангоми ба даст овардани чунин молу мулк оид ба нияти қарздор медонист ва ё бояд медонист ё ин ки молу мулкро ройгон ё ин ки дидаю дониста бо нархи паст (камтар аз нархи бозорӣ дар ҳолати бегонакунӣ) ба даст овардааст, нигаронида шавад.
2. Ҳангоми нигаронидани ситониш ба чунин молу мулк ба шахси сеюм  маблағе, ки дар асл барои молу мулки кашида гирифташаванда дода шудааст, баргардонида мешавад.
3. Ўҳдадории исботи мавҷуд набудани қасди расонидани зарар ба қарздиҳандагони худ ба зиммаи қарздор гузошта мешавад. Ситониш ба молу мулки бегонанамудаи қарздор мумкин аст нигаронида шавад, агар чунин молу мулк дар мўҳлати се соли охир то додани ҳуҷҷати иҷро бегона карда шуда бошад.
4. Нигаронидани ситониш ба молу мулки ба шахси сеюм бегонанамудаи қарздор бо қарори суд, ки аз рўи даъвои ситонанда ё қарори иҷрочии мақомоти иҷро қабул гардидааст, амалӣ карда мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
5. Ба молу мулке, ки аз ҷониби қарздор ба фоидаи ҳамсар, хешу табор ва ё хешу табори ҳамсари худ ба расмият дароварда шудааст ва ё бегона карда шудааст, нигаронидани ситониш мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи  мазкур амалӣ карда мешавад.
 
Моддаи 30. Асосҳои  қатъ  намудани  истеҳсолоти  иҷро
1. Истеҳсолоти иҷро пас аз иҷро қатъ мегардад.
2. Истеҳсолоти иҷро дар ҳолатҳои зерин аз ҷониби суд қатъ мегардад:
- аз тарафи суд қабули даст кашидани ситонанда аз ситониш;
- ситонанда ва қарздор созиши оштӣ баста бошанд ва онро суд тасдиқ карда бошад;
- баъди фавти шаҳрванд, ки ситонанда ё қарздор аст ё фавтида эълон кардан ё бедарак ғоиб эътироф намудани ў талабот ё ўҳдадориҳои муқаррарнамудаи санади суд наметавонад ба вориси ҳуқуқии шахси фавтида эълонкарда ё бедарак ғоиб эътирофгардида ё ба идоракунандаи молу мулки шахси бедарак ғоиб гузарад;
- молу мулки ташкилоти барҳамхўрда барои қонеъгардонии талаботи ситонанда нокифоя бошад;
- барои чунин навъи ситонидан мўҳлати даъвои муқаррарнамудаи қонун гузашта бошад;
- бекор кардани санади судӣ ё санади мақомоти дигар, ки дар асоси он ҳуҷҷати иҷро дода шудааст ё ҳуҷҷате, ки мутобиқи моддаи 5 Қонуни мазкур ҳуҷҷати иҷро ба ҳисоб меравад;
- ситонанда аз ситонидан ё аз қабули асбобу анҷоме, ки ҳангоми иҷрои ҳалнома аз қарздор ҷиҳати супоридани он ба ситонанда кашида гирифта шудаанд, даст кашида бошад.
 
Моддаи 31. Тартиби қатъ намудани истеҳсолоти иҷро
Қатъ намудани истеҳсолоти иҷро мувофиқи тартиби муқарарнамудаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
 
Моддаи 32. Баргардонидани ҳуҷҷати иҷро
1. Ҳуҷҷати иҷро, ки ситониш тибқи он гузаронида нашудааст ё пурра гузаронида нашудааст, бо қарори иҷрочии мақомоти иҷро ба ситонанда дар ҳолатҳои зерин баргардонида мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613):
- дар асоси аризаи ситонанда;
- агар мўҳлати пешниҳоди ҳуҷҷати иҷро барои иҷро вайрон гардида бошад;
- агар муқаррар намудани суроғаи қарздор–ташкилот ё маҳалли истиқомати қарздор – шаҳрванд, маҳалли ҷойгиршавии молу мулки қарздор ва ё гирифтани маълумот оид ба мавҷудияти маблағҳои пулӣ ва дигар сарватҳои ба ў тааллуқдошта, ки дар суратҳисобҳо, пасандозҳо ё дар нигаҳдории бонкҳо ё дигар ташкилоти кредитӣ ҷойдошта (ба истиснои ҳолатҳое, ки тибқи Қонуни мазкур кофтукови қарздор ё моликияти ў пешбинӣ шудааст) имконнопазир бошад;
- агар қарздор молу мулк, маблағҳои пулӣ, қоғазҳои қимматнок ё даромаде, ки ба он ситониш гузоштан мумкин аст, надошта бошад;
- агар ситонанда аз гирифтани молу мулки қарздор, ки ҳангоми иҷрои қарор фурўхта нашудааст ё ашёи муайяне, ки бо қарори суд аз қарздор  гирифта шудааст, даст кашад;
- агар ситонанда бо амал (беамалӣ) – и худ ба иҷрои ҳуҷҷати иҷро монеъ шавад;
- ҳангоми азнавташкилдиҳии ташкилот набудани вориси ҳуқуқӣ.
2. Баргардонидани ҳуҷҷати иҷро ба ситонанда барои такроран пешниҳоди ин ҳуҷҷат барои иҷро дар доираи мўҳлати даъвои иҷрои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур монеъ шуда наметавонад.
 
БОБИ 3. ШАХСОНИ ИШТИРОКЧИИ ИСТЕҲСОЛОТИ ИҶРО
 
Моддаи 33. Тарафҳои истеҳсолоти иҷро
1. Тарафҳо дар истеҳсолоти иҷро ситонанда ва қарздор мебошанд.
2. Ситонанда шаҳрванд ё ташкилоте мебошад, ки ба фоида ё манфиати ў ҳуҷҷати иҷро дода шудааст.
3. Қарздор шаҳрванд ё ташкилоте мебошад, ки талаботи муайянкардаи ҳуҷҷати иҷроро ўҳдадор аст иҷро намояд.
4. Дар истеҳсолоти иҷро якчанд ситонанда ва қарздор иштирок карда метавонанд. Ҳар яке аз онҳо нисбат ба тарафи дигар дар истеҳсолоти иҷро мустақилона иштирок менамояд ё ба яке аз иштирокчиён барои иштирок дар амали иҷро метавонад супориш диҳад, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки бо ҳуҷҷати иҷро ба зиммаи қарздор ўҳдадориҳое, ки танҳо бояд худаш (ўҳдадориҳои шахсӣ) иҷро намояд, гузошта мешавад.
 
Моддаи 34. Иштироки ноболиғон дар истеҳсолоти иҷро
1. Шахсоне, ки ба синни 18-солагӣ нарасидаанд, метавонанд мустақилона ё тавассути намоянда дар истеҳсолоти иҷро ҳуқуқҳои худро ба амал бароранд ва ўҳдадориҳоро иҷро намоянд.
2. Ноболиғе, ки ба синни 16-солагӣ расидааст, дар ҳолати ўро пурра қобили амал (эмансипатсия) эълон намудан, дар истеҳсолоти иҷро метавонад мустақилона ҳуқуқҳои худро ба амал барорад ва ўҳдадориҳоро иҷро намояд.
3. Ҳуқуқҳои ноболиғон дар истеҳсолоти иҷро аз ҷониби  намояндагони қонунии онҳо – падару модар, фарзандхондагон, васӣ ё парастор ба амал бароварда мешавад.
4. Ноболиғон дар мавриди пешбининамудаи қонун, ҳангоми иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷрои дар асоси санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомот оид ба парвандаҳои аз муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ, оилавӣ, меҳнатӣ, маъмурӣ ва аз аҳдҳои вобаста ба ихтиёрдорӣ кардани музди меҳнат (даромад) бавуҷудомада, метавонанд дар истеҳсолоти иҷро ҳуқуқҳои худро амалӣ намоянд ва ўҳдадориҳои худро иҷро кунанд.
 
Моддаи 35. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои шахсоне, ки дар истеҳсолоти иҷро иштирок мекунанд
1. Шахсоне, ки дар истеҳсолоти иҷро иштирок мекунанд, ҳуқуқ доранд, ки бо маводи истеҳсолоти иҷро шинос шаванд, аз он иқтибос гиранд, нусха бардоранд, маводи иловагӣ пешниҳод намоянд, дархост кунанд, дар амали иҷро иштирок кунанд, дар рафти истеҳсолоти иҷро баёноти шифоҳӣ ва хаттӣ диҳанд, барои ҳалли масъалаҳое, ки дар рафти иҷро ба амал меоянд, ваҷҳ ва далелҳои худро изҳор намоянд, муқобили далелҳо ва дархостҳои шахсони дигари иштирокчии истеҳсолоти иҷро норозигӣ баён намоянд, изҳори рад намояд, аз болои ҳаракатҳо ё қарори мақомоти иҷро оид ба масъалаҳои истеҳсолоти иҷро шикоят намоянд. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №867)
2. Шахсони иштирокчии истеҳсолоти иҷро ўҳдадоранд аз ҳуқуқҳои ба онҳо тааллуқдошта бовиҷдонона истифода баранд, инчунин талаботи қонунгузориро оид ба истеҳсолоти иҷро ба ҷо оранд.
 
Моддаи 36. Иштироки тарҷумон дар истеҳсолоти иҷро
1. Ҳангоми амалӣ намудани амалҳои иҷро, ки барои анҷом додани онҳо донистани дигар забонҳо зарур аст, шахсони иштироккунандаи истеҳсолоти иҷро метавонанд бо ташаббуси худ ё бо таклифи иҷрочии мақомоти иҷро тарҷумон даъват кунанд. Ҳар шахси ба балоғатрасидаи қобилияти амалдошта, ки дар иҷрои кор манфиатдор намебошад ва забонеро медонад, ки донистани он барои амалӣ намудани амалҳои иҷро зарур аст, метавонад тарҷумон бошад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
2. Тарҷумон барои меҳнаташ ҳуқуқи гирифтани подошпулӣ дорад. Подошпулии пардохтшуда ба хароҷоти амали иҷро тааллуқ дорад.
 
Моддаи 37. Иштироки шахсони холис дар истеҳсолоти иҷро
1. Амалҳои иҷро дар мавриди пешбининамудаи конунгузорӣ метавонад дар ҳузури на камтар аз ду шахси холис ба ҷо оварда шавад.
2. Иштироки шахсони холис дар ҳолатҳои зерин ҳатмӣ мебошад:
- бо талаби  ситонанда ё қарздор;
- ҳангоми ба рўйхат гирифтани молу мулки қарздор;
- ҳангоми иҷрои қарорҳо дар бораи маскун намудан ба манзил ё кўчонидан аз манзил, амалҳои марбут ба ҳабс, кашида гирифтан ва супоридани молу мулки қарздор, кушодани манзил, бино ва амбори ў,  азназаргузаронӣ, инчунин дар дигар ҳолатҳое, ки қонунгузорӣ пешбинӣ намудааст.
3. Ба сифати шахсони холис шаҳрвандони ба балоғатрасида, қобилияти амалдошта, дар оқибатҳои амали иҷро манфиатдорнабуда даъват карда мешаванд.
4. Пеш аз оғози амали иҷро, ки дар он шахсони холис иштирок мекунанд, иҷрочии мақомоти иҷро тартиби иштироки шахси холисро дар амалҳои иҷро фаҳмонда медиҳад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
5. Шахси холис ҳуқуқ дорад донад, ки барои иҷрои кадом амалҳои иҷро даъват шудааст ва дар асоси кадом ҳуҷҷати иҷро онҳо анҷом дода мешаванд. Шахси холис нисбати амалҳои гузаронидашуда метавонад эрод гирад. Эроди шахси холис ба санади амали иҷрои дахлдор дохил карда мешавад. (ҚҶТ аз 20.06.19 с., №1613)
6. Шахси холис далел, мазмун ва натиҷаи амали иҷроро, ки дар он иштирок кардааст, тасдиқ мекунад.
7. Шахсони холиси дар амали иҷро иштироккарда ҳуқуқи ҷуброни ҳароҷоти кардаашонро доранд. Маблағҳои пулии ба шахсони холис додашаванда ба хароҷоти иҷрои амали иҷро дохил мешаванд.
 
Моддаи 38. Иштироки мутахассис дар истеҳсолоти иҷро
1. Барои фаҳмонидани масъалаҳои дар рафти амалҳои  иҷро ба вуҷуд омада, ки дониши махсусро талаб мекунад, иҷрочии мақомоти иҷро аз рўи дархости иштироккунандагони истеҳсолоти иҷро ё бо ташаббуси худ мутахассисро таъин мекунад. Аз рўи зарурат мумкин аст якчанд мутахассис таъин карда шавад. Иҷрочии мақомоти иҷро дар ин бора қарор мебарорад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
2. Ба сифати мутахассис шахси ба баррасии кор манфиатдорнабуда ва дорои дониши махсусе, ки барои додани хулосаи хаттӣ зарур аст, таъин мешавад.
3. Мутахассисон ба гирифтани подошпулӣ барои иҷрои коре, ки бинобар амалӣ намудани амалҳои иҷро гузаронида мешавад, ҳуқуқ  доранд. Ин подошпулӣ ва дигар хароҷот барои ҷалби мутахассисон ба хароҷоти амали иҷро тааллуқ доранд.
4. Барои даст кашидан ва ё саркашӣ кардан аз пешниҳоди хулоса ё барои дидаю дониста додани хулосаи бардурўғ тибқи қонун мутахассис ба ҷавобгарӣ кашида мешавад, ки дар ин бора иҷрочии мақомоти иҷро ўро огоҳ менамояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
 
Моддаи 39. Ҳамкории иҷрочиёни мақомоти иҷро бо кормандони милитсия
(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613)
Агар ба иҷрочиёни мақомоти иҷро ҳангоми иҷрои ўҳдадориҳои хизматиашон ҷиҳати баамалбарории амали иҷро монеагӣ карда шавад ё ба ҳаёт ва саломатиашон хатар таҳдид кунад, кормандони милитсия ўҳдадоранд дар доираи ҳуқуқҳои бо қонун пешбинигардида ба онҳо  мусоидат намоянд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
 
Моддаи 40. Рад кардан дар истеҳсолоти иҷро
1. Иҷрочии мақомоти иҷро, тарҷумон, мутахассис ва шахси холис дар ҳолатҳои зерин наметавонанд дар истеҳсолоти иҷро иштирок намоянд ва бояд рад карда шаванд агар (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613):
- ҳангоми баррасии парвандае, ки оид ба иҷрои қарори он истеҳсолоти иҷро оғоз карда шудаааст, ба сифати судя, прокурор, намоянда, шоҳид, коршиноси судӣ, мутахассис, тарҷумон ва котиби маҷлисӣсудӣ ин\штирок намуда бошад;
- бо тарафҳо ё намояндаи онҳо муносибати хешутаборӣ дошта бошад;
- шахсан, бевосита ё бавоситта ба натиҷаи ҳалли парванда манфиатдор бошанд ё дигар ҳолатҳое мавҷуд бошанд, ки беғаразӣ ва холисии онҳоро зери шубҳа гузоранд.
2. Дар сурати мавҷуд будани ҳолатҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда ўҳдадоранд, ки изҳори худрадкунӣ намоянд. Рад кардан бояд асоснок ва дар шакли хаттӣ то саршавии амали иҷро пешниҳод карда шавад. Дар рафти амали иҷро рад кардан иҷозат дода мешавад, агар ҳолатҳои дар қисми 1  ҳамин мода зикргардида баъди саршавии амали иҷро маълум гарданд.
3. Рад кардани тарҷумон, мутахассис ва  шахси холис аз ҷониби иҷрочии мақомоти иҷро ҳал карда мешавад. Дар ин бора иҷрочии мақомоти иҷро қарори асоснок қабул менамояд. . (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №867; аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613)
 
Моддаи 41. Шикоят нисбат ба қарор, амали (беамалии) иҷрочии мақомоти иҷро
(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613)
Шикоят нисбат ба қарор, амали (беамалии) иҷрочии мақомоти иҷро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешавад. . (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №867; аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613)
 
Моддаи 42. Феҳристи қарздорон
1. Мақомоти ваколатдори давлатӣ Феҳристи қарздоронро, ки оид ба вазъи молумулкии худ итминон додаанд ва ё нисбати онҳо мувофиқи моддаи 18 Қонуни мазкур чораҳои иҷрои маҷбурӣ татбиқ шудаанд, пеш мебарад. Тартиби пешбурди Феҳристи қарздорон аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ муайян карда мешавад. Барои додани маълумот аз Феҳристи қарздорон ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз онҳо мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» боҷи давлатӣ ситонида мешавад.
2. Дар ҳолатҳои аз ҷониби қарздор қонеъ гардонидани талаботи ситонандае, ки амалӣ намудани иҷрои маҷбуриро талаб кардааст ва ё бо гузаштани се сол аз рўзи ворид намудани қарздор ба Феҳрист мақомоти ваколатдори давлатӣ аз рўи аризаи қарздор фармоиш дар бораи аз эътибор соқит донистани навиштаҷот дар Феҳристи қарздоронро қабул менамояд.
 
Моддаи 421. Муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Ҳангоми бе сабаби узрнок аз ҷониби қарздор ба иҷро нарасонидани талаботи ҳуҷҷати иҷро, ки дар ассоси санади судӣ дода шудааст ва ё санади суди мебошад, иҷрочии мақомоти иҷро дар асоси аризаи ситонанда ва ё бо ташаббуси худ дар хусссуси маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз худуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул менамояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
2. Қарор оид ба маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз худуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қарздор, маҷроияи маҳаллии ҳокимитяти давлатӣ, мақомоти ваколатдори давлатиӣ оид ба муроҷиат,Ю назорати сарҳадӣ ва мақомоти корхои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда мешавад. . (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №867)
 
БОБИ  4. ТАРТИБИ НИГАРОНИДАНИ СИТОНИШ БА МОЛУ МУЛКИ МАНҚУЛИ ҚАРЗДОР
 
Моддаи 43. Тартиби нигаронидани ситониш ба воситаҳои пулии қарздор
1. Нигаронидани ситониш ба воситаҳои пулии қарздор бо роҳи кашида гирифтани маблағҳои пули нақд амалӣ карда мешавад.
2. Кашида гирифтани маблағҳои пулии нақди қарздор бо роҳи тартиб додани санад оид ба кашида гирифтан бо иштироки на камтар аз ду шахси холис амалӣ карда мешавад.
3. Агар қарздор маблағҳои пулии бо асъори миллӣ, ки барои қонеъ гардонидани талаботи ситонанда кифояро надошта бошад, ситониш ба воситаҳои пулии бо асъори хориҷӣ доштаи қарздор нигаронида мешавад.
4. Ҳангоми ошкор кардан ва аз қарздор кашида гирифтани маблағҳои пулӣ бо асъори хориҷӣ иҷрочии мақомоти иҷро бояд на дертар аз рўзи дигар пас аз кашида гирифтан бо қарори худ онро барои мубодила ба асъори миллӣ ба бонк ё дигар ташкилоти кредитие, ки ҳуқуқи амалӣ намудани чунин амалиётро дар бозори дохилии асъории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорад, диҳад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
 
Моддаи 44. Нигаронидани ситониш ба молу мулки қарздор, ки дар ихтиёри дигар шахсон қарор дорад
Ҳабси молу мулки қарздор, ки дар ихтиёри ситонанда ё шахси сеюм қарор дорад ва ў розӣ ҳаст, ки ин молу мулкро диҳад, мувофиқи талаботи қисми 10 моддаи 46 Қонуни мазкур ба амал бароварда мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10. №610)
 
Моддаи 45. Молу мулке, ки ба он нигаронидани ситониш мумкин нест
Ҳангоми иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро нисбати молу мулке, ки қонунгузорӣ ба чунин молу мулк ситонишро манъ кардааст, ситониш нигаронида намешавад.
 
Моддаи 46. Ҳабси молу мулки қарздор
1. Ҳабси молу мулки қарздор аз ба рўйхат гирифтани молу мулк, эълони манъи ихтиёрдории он ва ҳангоми зарурат аз маҳдуд кардани ҳуқуқи истифодаи молу мулк, кашида гирифтан ва ё барои нигаҳдорӣ супоридани он иборат мебошад.
2. Намуд, ҳаҷм ва мўҳлати маҳдуд карданро дар ҳар як ҳолати мушаххас иҷрочии мақомоти иҷро бо  назардошти хусусияти молу мулк, аҳамияти он барои соҳибмулк ё шахсе, ки онро соҳибӣ менамояд, истифодаи хоҷагӣ, маишӣ ва дигар омилҳо муайян мекунад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
3. Вайрон намудани манъи иҷрочии мақомоти иҷро ҷиҳати ихтиёрдорӣ ё ин ки риоя накардани маҳдудияти ҳуқуқи истифодабарии молу мулки қарздор, ки ба он ҳабс гузошта шудааст, боиси ҷавобгарии пешбининамудаи қонун  мегардад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
4. Ҳабс татбиқ карда мешавад:
- барои таъмини муҳофизати молу мулки қарздор, ки бояд минбаъд ба ситонанда супорида ё ин ки дар оянда фурўхта мешавад;
- ҳангоми иҷрои санади судӣ оид ба кашида гирифтани молу мулки қарздор;
- ҳангоми иҷрои таъиноти суд оид ба нигаронидани ҳабс ба молу мулки қарздор, ки ба ў тааллуқ дорад ё дар ихтиёри ў ва шахсони дигар қарор дорад.
5. Кашида гирифтани молу мулки ҳабсшуда бо супоридани он ҷиҳати фурўхтан дар оянда дар мўҳлати муқаррарнамудаи моддаи 12 Қонуни мазкур ба амал бароварда мешавад.
6. Молу мулки зуд вайроншаванда ё хўрдашаванда кашида гирифта шуда,  фавран барои фурўш супорида мешавад.
7. Маблағҳои пулӣ бо асъори миллӣ ва асъори хориҷӣ, металлҳои қимматбаҳо ва сангҳои қимматбаҳо, ҷавоҳирот ва дигар маснуоти аз тилло, нуқра, платина ва металлҳои гурўҳи платина, сангҳои қимматбаҳо ва марворид, инчунин шикастапора ва қисмҳои алоҳидаи чунин маснуоти ҳангоми ба руйхатгирии молу мулки қарздор ошкор кардашуда, ки ба он ҳабс гузошта шудааст, ҳатман кашида гирифта мешаванд.
8. Ба коғазҳои қимматнок мувофиқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳабс гузошта мешавад.
9. Бо ҳабс гузоштан ба молу мулки қарздор ситонанда ҳуқуқи гаравро ба молу мулки ба ҳабсгузошташуда ба даст меорад. Ҳуқуқи гарав, ки аз молу мулки пештар ҳабсгузошташуда бармеояд, дар муқоиса бо ҳуқуқе, ки аз гарави баъдтар бармеояд, бартарият дорад. Ҳуқуқи гарав, ки аз ҳабс гузоштан ба молу мулки қарздор бармеояд, ба ситонанда ҳамон ҳуқуқҳоро дар муносибат ба дигар ситонандагон медиҳад, чунонки гарав дар асоси шартномаи гражданӣ оид ба гарав.
10. Ҳабс гузоштан ба молу мулки манқул, ки дар соҳибияти воқеии қарздор қарор дорад, ба гузаштани ин молу мулк ба соҳибияти иҷрочии мақомоти иҷро боис мегардад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
11. Иҷрочии мақомоти иҷро рўйхат тартиб медиҳад ва вобаста ба миқдори ситониш тамоми  молу мулк ё қисми онро ҳабс намуда, дар ин бора ба мақомоти дахлдори давлатии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул, гарави молу мулк ва нотариати давлатӣ қарор оид ба манъи амалҳои бо молу мулки ҳабсшуда алоқамандро ирсол менамояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
12. Дар бораи гузоштани ҳабс ба молу мулки ба гарав гузошташуда иҷрочии мақомоти иҷро гаравгирро фавран хабардор менамояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
 
Моддаи 47. Ба рўйхат гирифтани молу мулки қарздор
1. Иҷрочии мақомоти иҷро рўйхати молу мулки қарздорро ба миқдоре, ки ҷиҳати пардохтани маблағи ба фоидаи ситонанда муқарраршуда ва хароҷоти  иҷро зарур аст, тартиб медиҳад. Иҷрочии мақомоти иҷро метавонад ба молу мулки ба рўйхат гирифташуда мўҳр гузорад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
2. Барўйхатгирии молу мулки қарздор бо иштироки қарздор ва шахсони холис ба амал бароварда мешавад. Дар ҳолати набудани қарздор, барўйхатгирӣ бо иштироки яке аз аъзои болиғи оилаи ў, шахсони мансабдори шахси ҳуқуқӣ, дар сурати набудани ин шахсҳо бо иштироки шахсони холис тартиб дода мешавад. Дар вақти барўйхатгирӣ қарздор ҳуқуқ дорад ба иҷрочии мақомоти иҷро оиди дар навбати аввал ба кадом молу мулк нигаронидани ситониш арз намояд. Иҷрочии мақомоти иҷро ба шарте чунин арзро қонеъ мегардонад, ки ин ба иҷрои ҳуҷҷати иҷро монеъ нашавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
 
Моддаи 48. Мўҳтавои қарор дар бораи ҳабси  молу мулк
1. Дар қарор оид ба ҳабси молу мулк бояд маълумотҳои зерин зикр карда шавад:
- сана ва маҳалли тартиб додани қарор;
- насаб, ном ва номи падари иҷрочии мақомоти иҷро (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562 аз 20.06.19 с., №1613);
- номи суд ё мақомоти дигаре, ки ҳуҷҷати иҷрои он ба иҷро расонида мешавад;
- насаб, ном ва номи падари ситонанда ва қарздор;
- номи ҳар як молу мулки ба қарор дохилкардашуда, нишонаҳои фарқкунандаи он (вазн, андоза, дараҷаи дошти он ва ҳоказо), баҳои  тахминии ҳар як молу мулк дар алоҳидагӣ ва арзиши тахминии ҳамаи молу мулк;
- ишора ба мўҳр зада шудани молу мулк, агар он иҷро шуда бошад;
- насаб, ном ва номи падари шахси воқеӣ, номи шахси ҳуқуқӣ, ки молу мулк барои нигаҳдошт ба онҳо супорида шудааст, суроғаи онҳо, агар нигаҳдошти молу мулк ба зиммаи худи қарздор вобаста карда нашуда бошад;
- қайд дар бораи ба қарздор ва дигар шахсон фаҳмонида додани тартиб ва мўҳлати шикоят аз болои амали иҷрочии мақомоти иҷро, инчунин дар бораи ба қарздор ва нигаҳбони молу мулк фаҳмонида додани ўҳдадориҳои онҳо оид ба нигаҳдошт, дар бораи ҷавобгарӣ ҷиҳати исрофкорӣ, азхудкунӣ ё пинҳонкунии молу мулки ба нигоҳдорӣ супоридашуда (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613);
- эрод ва арзи ситонанда, қарздор ва шахсоне, ки дар вақти барўйхатгирӣ иштирок доштанд ва фармоишҳои аз рўи онҳо додаи иҷрочии мақомоти иҷро (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
2. Қарор дар бораи ҳабси молу мулкро иҷрочии мақомоти иҷро имзо намуда, нусхаи онро ба тарафҳо месупорад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
 
Моддаи 49. Нархгузории молу мулки ҳабсшудаи қарздор
1. Нархгузории молу мулки ҳабсшудаи қарздор аз ҷониби иҷрочии мақомоти иҷро аз рўи нархҳои бозории дар рўзи иҷрои ҳуҷҷати иҷро амалкунанда, ба истиснои ҳолатҳое, ки  нархгузорӣ бо нархҳои танзимшаванда муқаррар карда шудаанд, сурат мегирад. Ҳамзамон созишномаи байни ситонанда ва қарздор дар бораи нархгузорӣ мумкин аст ба назар гирифта шавад. Агар ба баъзе молу мулк муайян намудани нарх душвор бошад,  қарздор ё ин ки ситонанда ба нархгузории иҷрочии мақомоти иҷро норозӣ бошанд, иҷрочии мақомоти иҷро барои муайян кардани арзиши молу мулк мутахассисро ҷалб менамояд. Коғазҳои қимматнок, маснуоти заргарӣ ва маҳсулоти дигар аз металлҳои қимматбаҳо ва сангҳои қимматбаҳо, маҳсулоти антиқӣ (антиквариат), асарҳои санъати тасвирӣ ва ҳайкалҳо бо иштироки ҳатмии мутахассисон нархгузорӣ карда мешаванд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
2. Тарафе, ки нархи гузоштаи иҷрочии мақомоти иҷроро ба молу мулки ҳабсшуда мавриди баҳс қарор медиҳад, хароҷоти ҷалб намудани мутахассисро танҳо дар он ҳолате пардохт менамояд, ки талаботи ў оид ба аз нав нархгузорӣ тасдиқ нашуда бошад. Дар ҳамаи дигар ҳолатҳо хароҷот оид ба ҷалби мутахассис барои нархгузории молу мулк аз тарафи дигар рўёнида мешавад. (ҚҶТ аз 20.06.19 с., №1613)
 
Моддаи 50. Нигаҳдории молу мулки ҳабсшуда
1. Иҷрочии мақомоти иҷро молу мулки ҳабсшударо дар асоси шартномаи нигаҳдошт, бо гирифтани забонхати нигоҳдошт ба нигаҳбон месупорад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
2. Тартиб ва шартҳои нигоҳдошти молу мулки ҳабсшуда мутобиқи  Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян карда мешавад.
3. Нигаҳбон бо иҷозати иҷрочии мақомоти иҷро аз ин молу мулк метавонад истифода барад, ба шарте ки аз рўи хусусиятҳои молу мулк истифодаи он боиси нобуд шудан ё кам шудани қиммати он нагардад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
4. Агар нигаҳбон худи қарздор ё аъзои оилаи ў набошад, барои нигоҳдошт подошпулӣ мегирад.
5. Ба нигаҳбон хароҷоти зарурии сарфкардааш оид ба нигаҳ доштани молу мулк бо назардошти фоидаи воқеии аз ин молу мулк ба даст овардааш, ҷуброн карда мешавад.
6. Хароҷоте, ки барои нигоҳдошти молу мулк сарф шудааст, ба хароҷоти иҷрои ҳуҷҷати иҷро тааллуқ дорад.
 
Моддаи 51. Ҷавобгарии нигаҳбони молу мулки ҳабсшуда
Дар сурати исроф кардан, бегона кардан ё пинҳон намудани молу мулки ҳабсшудаи барои нигаҳдошт супоридашуда нигаҳбон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
 
Моддаи 52. Фурўхтани молу мулки ҳабсшуда
1. Фурўхтани молу мулки ҳабсшуда, ба ғайр аз молу мулке, ки мувофиқи қонун аз гардиш гирифта шудааст, новобаста аз асосҳои ҳабсгирӣ ва намудҳои молу мулк аз тарафи иҷрочии мақомоти иҷро дар музоядаҳои оммавӣ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад, агар тартиби дигар бо Қонуни мазкур пешбинӣ нашуда бошад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
2. Ҳангоми нигаронидани ситониш ба молу мулки қарздор, агар дар вақти қабули қарор дар бораи фурўхта шудани молу мулке, ки мебоист ба он ситониш нигаронида шавад, оид ба муфлисшавии қарздор истеҳсолот оғоз шуда бошад, то моҳиятан ҳал кардани ин масъала фурўхтани молу мулк боздошта мешавад.
3. Иҷрочии мақомоти иҷро бо розигии хаттии тарафҳо ҳуқуқ дорад молу мулкро бе гузаронидани музоядаи оммавӣ, бо роҳи савдои он ба шахси муайян анҷом диҳад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
 
Моддаи 53. Хабар додан дар бораи музоядаи барпошаванда
1. Ҳангоми фурўхтани молу мулки қарздор дар музояда иҷрочии мақомоти иҷро ўҳдадор аст ба воситаи матбуоти даврие, ки ҳуқуқи нашри ахбороти расмиро дорад, дар бораи музоядаи барпошаванда на дертар аз даҳ рўз то гузаронидани савдо хабар диҳад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
2. Дар огоҳнома оид ба вақт, маҳал ва шакли савдо, молу мулки ба савдо баровардашаванда, тартиби муайян намудани шахси бурдкарда дар савдо, инчунин оид ба нархи ибтидоӣ бояд маълумот дода шавад.  (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №867)
3. Дар бораи вақт ва маҳалли дар музояда фурўши молу мулки ба гарав гузошташуда иҷрочии мақомоти иҷро гаравгирро фавран огоҳ месозад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
 
Моддаи 54. Тартиби гузаронидани музояда
1. Шахсоне, ки дар музояда иштирок кардан мехоҳанд, ўҳдадоранд ба иҷрочии мақомоти иҷро дар ҳаҷми панҷ фоизи арзиши нархи молу мулк пешпардохт супоранд. Маблағи супоридаи шахси дар музояда ғолибомада ба ҳисоби нархи харид дохил мешавад. Ба иштирокчиёни боқимонда маблағи пешпардохтнамудаи онҳо пас аз анҷоми музояда, дар давоми се рўз баргардонида мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
2. Музояда аз нархи дар қарор оид ба ҳабс нишондодашуда, бо дарназардошти нархи аввалаи молу мулк оғоз меёбад. Молу мулк  ба ҳамон шахсе фурўхташуда ҳисоб меёбад, ки дар музояда аз ҳама нархи баландро пешниҳод кардааст. Ѓолиби музояда ўҳдадор аст дар давоми панҷ рўз пас аз ба охир расидани музояда маблағи пурраи молу мулки ба дастовардашударо бо назардошти пешпардохти супоридашуда пардохт намояд.
3.Ҳангоми аз ҷониби ғолиби музояда дар мўҳлати муқарраргардида пардохт нашудани ҳамаи маблағи зикршуда, пешпардохти пеш аз музояда пардохтнамудааш ба ў баргардонида нашуда, ба фоидаи давлат гузаронида мешавад. Инчунин пешпардохт ба фоидаи давлат дар он ҳолат гузаронида мешавад, ки агар муайян карда шавад, ки ғолиби музояда ҳуқуқи дар музояда иштирок карданро надошт.
4.Пас аз пардохти ҳамаи маблағи зикргардида аз ҷониби ғолиби музояда иҷрочии мақомоти иҷро ба ў нусхаи санадро дар бораи музоядаи барпогардида месупорад, ки он асос барои бақайдгирии молу мулки фурўхташуда ба моликияти ў мегардад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
5. Дар музояда иҷрочиёни мақомоти иҷро ва судяҳое, ки оид ба истеҳсолоти иҷрои мазкур қарор қабул намудаанд, инчунин аъзои оила ва хешони наздики онҳо, инчунин шахсе, ки молу мулкаш дар музояда гузошта шудааст, иштирок карда наметавонанд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613)
 
Моддаи 55. Барпонашуда эълон кардани музояда
1. Иҷрочии мақомоти иҷро дар мавридҳои зерин музоядаро барпонашуда эълон мекунад, агар (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613):
- ба музояда камтар аз ду нафар харидор ҳозир шуда бошанд;
- ҳеҷ яке аз иштирокчиёни музояда дар бораи пардохти нархи аввалаи молу мулк таклиф пешниҳод накунад;
- ғолиби музояда дар муддати панҷ рўз маблағи пешниҳоднамудаи худро барои молу мулки дар музояда гузошташуда насупорад.
2. Дар бораи барпонашуда эълон кардани музояда иҷрочии мақомоти иҷро қарор мебарорад, ки аз болои он дар мўҳлати даҳ рўз шикоят ё эътироз овардан мумкин аст (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
3. Агар музояда барпо нагардад, пешпардохт ба он шахсоне, ки онро супурда буданд, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи сархати сеюми қисми 1 моддаи мазкур баргардонида мешавад.
 
Моддаи 56. Оқибати барпонашуда эълон намудани музояда
1. Дар ҳолати барпонашуда эълон намудани музояда ба ситонанда ҳуқуқ дода мешавад, ки молу мулкро аз арзиши аввалааш бист фоиз кам карда, ба моликияти худ гирад.
2. Дар ҳолати барпонашуда эътироф намудани музояда ва аз ба ихтиёри худ гирифтани молу мулк даст кашидани ситонанда, иҷрочии мақомоти иҷро бо риояи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур музоядаи такрорӣ таъин мекунад. Дар ин маврид нархи барои музоядаи такрорӣ муқарраршуда, то ҳамон вақте, ки яке аз иштирокчиён барои харидани молу мулк бо нархи эълоншуда розӣ нашавад, паст карда мешавад, аммо он набояд аз панҷоҳ фоизи нархи аввалаи арзиши молу мулки ба музояда гузошташуда кам бошад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
3. Дар ҳолати барпонашуда эълон намудани музоядаи такрорӣ, молу мулк бо нархи охирини эълоншуда ба ситонанда пешниҳод карда мешавад. Дар вақти даст кашидани ситонанда ҷиҳати ба моликияти худ қабул намудани молу мулки ба фурўш гузошташуда, ҳабс аз ин  молу мулк бардошта мешавад.
4. Дар  ҳолати барпонашуда эълон намудани музояда ва ба ихтиёри худ гирифтани молу мулк аз ҷониби ситонанда мутобиқи қисмҳои 1 ва 3 ҳамин мода иҷрочии мақомоти иҷро қарор қабул менамояд. Қарори қабулнамудаи иҷрочии мақомоти иҷро барои бақайдгирии молу мулке, ки мутобиқи қонунгузорӣ бақайдгирии ҳатмиро талаб менамояд, асос мебошад. (ҚҶТ аз 21.07.10. №610; аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613)
 
Моддаи 57. Иҷрои ҷазо дар шакли ҷарима ва мусодираи молу мулк
Иҷрои ҷазо дар шакли ҷарима ва мусодираи молу мулк бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
 
БОБИ 5. ТАРТИБИ  НИГАРОНИДАНИ СИТОНИШ БА ҲУҚУҚИ ТАЛАБОТ ВА ДИГАР ҲУҚУҚҲОИ МОЛУМУЛКИИ БЕГОНАШАВАНДАИ ҚАРЗДОР
 
Моддаи 58. Қарор дар бораи гузоштани ҳабс ба талаботи пулии қарздор
1. Агар ситониш ба талаботи пулии мавҷудбудаи қарздор нигаронида шавад, иҷрочии мақомоти иҷро ҳангоми мавҷуд будани супориши дахлдор аз ҷониби ситонанда дар мўҳлати ду ҳафта бе огоҳонидани қарздор дар бораи гузоштани ҳабс қарор мебарорад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
2. Дар қарор дар бораи гузоштани ҳабс ба талаботи пулии қарздор бояд маълумот оид ба ситонанда, асос ва ҳаҷми ситониш, қарздор, талаботи пулии вай нисбати шахси сеюми ўҳдадор, инчунин шахси сеюми ўҳдадор нишон дода шаванд.
3. Иҷрочии мақомоти иҷро дар қарор дар бораи гузоштани ҳабс ба талаботи пулии қарздор шахси сеюми ўҳдадорро ҷиҳати супоридани маблағ ба қарздор манъ мекунад. Ҳамзамон иҷрочии мақомоти иҷро қарздорро, ки қарздиҳанда нисбати шахси сеюми ўҳдадор мебошад, водор месозад, ки аз ҳама гуна ихтиёрдорӣ нисбати ин талабот, махсусан аз талаб карда гирифтани он худдорӣ намояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
4. Нусхаи қарор дар бораи гузоштани ҳабс ба шахси сеюми ўҳдадор супорида шуда, ба ситонанда ва қарздор ирсол карда мешавад. Гузоштани ҳабс ба талаботи зикршуда дар ҳаҷми талаби пулии ситонанда, аз лаҳзаи супоридани нусхаи қарор дар бораи гузоштани ҳабс ба шахси сеюми ўҳдадор эътибори қонунӣ пайдо мекунад.
5. Қарор дар бораи гузоштани ҳабс ба талаботи қарздор нисбати музди меҳнати ў ё дигар пардохтҳои давравӣ нисбат ба шахси сеюми ўҳдадор, инчунин ба маблағҳое, ки баъд аз гузоштани ҳабс то иҷрои пурраи ҳуҷҷати иҷро, аз он ҷумла хароҷот оид ба истеҳсолоти иҷро пардохт мешавад, паҳн мегардад.
6. Баъд аз ба шахси сеюми ўҳдадор супоридани нусхаи қарор дар бораи гузоштани ҳабс ба талаботи қарздиҳандаи ў, ки аз рўи ҳуҷҷати иҷро қарздор ба ҳисоб меравад, иҷрочии мақомоти иҷро нусхаи тасдиқшудаи қарори зикргардидаро бо ҳуҷҷате, ки супорида шуданро тасдиқ мекунад ва нусхаи варақаи иҷро ба ситонанда медиҳад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
 
Моддаи 59. Оқибати баровардани қарор дар бораи гузоштани ҳабс ба ҳуқуқи талабкунии  қарздор
1. Қарорро дар бораи гузоштани ҳабс ба ҳуқуқи талабкунии қарздор розигии расмии қарздор оид ба гузашти ҳуқуқи ба талаботе, ки аз он тибқи қонун имконияти ихтиёрдории ҳуқуқи талабкунӣ вобаста аст, иваз менамояд.
2. Қарор дар бораи гузоштани ҳабс ба ситонанда ҳуқуқ медиҳад, ки аз шахси сеюми ўҳдадор қонеъ намудани талаботи қонунии ўро дар ҳаҷми маблағи ба фоидаи ў рўёнидашуда бо назардошти хароҷоти амалӣ намудани иҷрои маҷбурӣ талаб намояд.
 
Моддаи 60. Арзи  шахси сеюми ўҳдадор
1. Дар мўҳлати ду ҳафта аз рўзи супоридани қарор дар бораи гузоштани ҳабс ба ҳуқуқи талаботи қарздор шахси сеюми ўҳдадор бояд ба ситонанда ба таври зайл арз намояд:
- оё ў асоснокии талаботро эътироф менамояд ва ба амалӣ намудани пардохт розӣ аст;
- оё дигар шахсон ба ҳамин талабот ҳуқуқи худро арз намудаанд;
- оё ба ҳамин ҳуқуқи талабкунии дар алоқамандӣ бо талаботи дигар ситонандаҳо ҳабс гузошта шудааст.
2. Дар қарор дар бораи гузоштани ҳабс оид ба зарурати чунин арз нишон дода мешавад. Шахси сеюми ўҳдадор дар сурати иҷро накардани талаботи қисми 1 моддаи мазкур ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад.
3. Арзи шахси сеюми ўҳдадор метавонад ба иҷрочии мақомоти иҷро ҳангоми супоридани нусхаи қарор дар бораи гузоштани ҳабс ё дар давоми мўҳлати пешбинишудаи қисми 1 моддаи мазкур пешниҳод карда шавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
 
Моддаи 61. Даъвои ситонанда нисбати шахси сеюм
1. Агар шахси сеюми ўҳдадор қонеъ намудани талаботи ситонандаро рад намояд, ситонанда метавонад нисбати ин шахс ба суд даъво пешниҳод намояд.
2. Ситонандае, ки нисбати шахси сеюми ўҳдадор ба суд даъво пешниҳод намудааст, бояд барои иштирок дар мурофиа қарздорро ҷалб намояд, агар он расонидани ҳуҷҷатҳоро ба хориҷи кишвар ё хабардоркунии оммавиро талаб нанамояд.
 
Моддаи 62. Ҷавобгарии ситонанда дар назди қарздор
Агар ситонанда ситонишро ба ҳуқуқи талаботи қарздор кашол диҳад, вай дар назди қарздор барои зарари бо сабаби кашолкорӣ расонидашуда ҷавобгарии моддӣ дорад.
 
Моддаи 63. Бозгардонидани ҳуқуқи талаботи ҳабсшуда аз ҷониби ситонанда ба қарздор
1. Ситонанда ҳуқуқ дорад ҳуқуқи талаботи ҳабсшударо ба қарздор бозгардонад. (ҚҶТ аз 20.06.19 с., №1613)
2. Дар ҳолатҳое, ки агар ситонанда сари вақт ҳуқуқи талаботро ба қарздор бозгардонад, ҷавобгарии моддии пешбининамудаи моддаи 62 Қонуни мазкур нисбати ситонанда татбиқ намегардад.
 
Моддаи 64. Тартиби ситонидани қарздорӣ оид ба ўҳдадориҳои алиментӣ
1. Қарздорӣ оид ба ҳамаи ўҳдадориҳои алиментӣ аз молу мулки қарздор ситонида мешавад, ғайр аз молу мулке, ки тибқи қонун ба он нигаронидани ситониш манъ аст.
2. Ҳаҷми қарздорӣ бо қарори иҷрочии мақомоти иҷро дар маҳалли иҷрои ҳалнома ва фармони судӣ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
3. Дар ҳолати аз рўи алимент ба вуқўъ омадани қарздорӣ дар натиҷаи саркашии қарздор аз пардохти онҳо ба маблағи қарздорӣ, тибқи талаботи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ноустуворона ҳисоб карда мешавад.
 
Моддаи 65. Ситонидани алимент ҳангоми ба давлати хориҷӣ барои истиқомати доимӣ ё барои кор рафтани қарздор
Тартиби ситонидани алиментро аз қарздоре, ки ба давлати хориҷӣ барои истиқомати доимӣ ё барои кор рафтааст, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
 
Моддаи 66.  Иҷрои ҳуҷҷати иҷро дар бораи барқарор намудан ба кор
1. Ҳангоми аз ҷониби корфармо иҷро накардани талаботи ҳуҷҷати иҷро дар бораи барқарор намудан ба ҷои кор, иҷрочии мақомоти иҷро оид ба баровардани қарор дар бораи ба корманд пардохт намудани музди меҳнати миёна ё ин ки фарқияти дар музди меҳнат барои ҳамаи он муддати аз рўзи баровардани ҳалнома оид ба барқароркунии корманд то рўзи иҷрои он ба суд бо пешниҳод муроҷиат менамояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
2. Иҷрои ҳалнома оид ба барқарор намудан ба кор аз лаҳзаи воқеан ба кор роҳ додани корманди ғайриқонунӣ аз кор озодшуда ё ин ки ба иҷрои вазифаи пештарааш шурўъ намудани корманди ба кори дигар гузаронидашуда, ки баъди бо фармон бекор намудани амри ғайриқонунӣ оид ба аз кор озодкунӣ ё ба кори дигар гузаронидани корманд сурат гирифтааст, анҷомёфта ҳисоб карда мешавад.
 
Моддаи 67. Нигаронидани ситониш ба музди меҳнат ва дигар намудҳои даромади қарздор
1. Ситониш ба музди меҳнат ва дигар намудҳои даромади қарздор дар мавридҳои зерин ба амал бароварда мешавад:
- ҳангоми иҷрои ҳалнома дар бораи ситонидани маблағҳои даврагӣ;
- ситонидани маблағе, ки аз андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд набошад (ҚҶТ аз 21.07.10. №610)
- ҳангоми набудани имконияти  ситониш аз маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулки қарздор; (ҚҶТ аз 21.07.10. №610)
2. Ҳангоми нигаронидани ситониш ба музди меҳнат ва дигар намудҳои даромади қарздор бо дарназардошти талаботи Қонуни мазкур иҷрочии мақомоти иҷро қарор мебарорад, ки дар он ҳаҷми ҳармоҳаи ситонишро нишон дода, онро барои пурра ҷуброн намудани маблағи муқарраршуда, барои иҷро ба корфармое, ки қарздор бо вай муносибатҳои меҳнатӣ дорад ё аз ў ҳаққи меҳнат мегирад, равон менамояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
3. Иҷрочии мақомоти иҷро ва ситонанда ўҳдадоранд, ки оид ба дуруст ва сари вақт ситонидан аз музди меҳнат ва дигар намудҳои даромади қарздор, инчунин сари вақт ба ситонанда фиристодани маблағҳои ситонидашуда, мунтазам назоратро амалӣ намоянд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
4. Ҳангоми аз кор озод кардани қарздор корфармое, ки бо қарздор дар  муносибатҳои меҳнатӣ қарор дошт, ўҳдадор аст, ки дар муддати се рўз оид ба қатъ шудани муносибатҳои меҳнатӣ ба иҷрочии мақомоти иҷро хабарномаро бо замимаи ҳуҷҷати иҷро ирсол намояд. Ҳангоми тағйири ҷои истиқомат қарздор ўҳдадор аст, ки суроғаи нави худро ба иҷрочии мақомоти иҷро хабар диҳад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
 
Моддаи 68. Ситонидан аз музди меҳнати қарздоре, ки адои ҷазоро ба ҷо меоварад
1. Аз шахсоне, ки ба корҳои ислоҳӣ маҳкум шудаанд, ситониш аз рўи ҳуҷҷатҳои иҷро аз маблағи пурраи музди меҳнат, бе назардошти нигоҳдории  маблағе, ки тибқи ҳукм ва қарори суд сурат гирифтааст, амалӣ гардонида мешавад.
2. Аз маҳкумшудагоне, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ, колонияҳои сукунат, ҳабсхонаҳо, колонияҳои тарбиявӣ ҷазоро адо менамоянд, инчунин аз шахсоне, ки дар шўъбаҳои наркологӣ, диспансерҳои равонпизишкӣ ва муассисаҳои табобатии статсионарӣ қарор доранд, ситониш аз тамоми музди меҳнаташон бе назардошти пардохтҳо барои ҷуброни хароҷоти вобаста ба нигоҳдории онҳо дар ин муассисаҳо, нигаронида мешавад.
 
Моддаи 69. Нигаронидани ситониш аз кўмакпулӣ аз рўи суғуртаи иҷтимоӣ
Аз кўмакпулиҳо аз рўи суғуртаи иҷтимоӣ, ки ҳангоми муваққатан гум кардани қобилияти меҳнатӣ ва аз кўмакпулиҳое, ки ба занон дар давраи рухсатии иҷтимоӣ, вобаста ба нигоҳубини кўдак дода мешаванд, инчунин аз стипендияи хонандагон ва кўмакпулиҳо аз рўи бекорӣ ситониш бо қарори суд танҳо бо мақсади ситонидани алимент, ҷуброни зарар, ки дар натиҷаи зарари ҷисмонӣ ё зарар ба саломатӣ ё ин ки вобаста ба фавти саробон расидааст, мумкин аст нигаронида шавад.
 
Моддаи 70. Даромадҳое, ки аз онҳо нигаронидани ситониш мумкин нест
Нигаронидани ситониш аз даромадҳои зерин мумкин нест:
- аз маблағҳое, ки қарздор барои маъюбӣ ва ё дигар зарари ба саломатӣ расонидашуда, инчунин бо сабаби фавти саробон гирифтааст;
- аз маблағҳои суғуртавӣ ва кўмакпулии яквақтае, ки бо сабаби маъюбӣ (латхўрӣ, садама) ҳангоми адои вазифаи хизматӣ ва маблағҳое, ки барои фавти (ҳалоки) онҳо ба аъзои оила дода мешаванд;
- аз кўмакпулӣ ба модарони серфарзанд ва модарони танҳо бо сабаби таваллуди фарзанд барои нигоҳубини кўдакони  ноболиғ дар давраи кофтукови падару модари онҳо ва аз маблағе, ки барои нигоҳубини нафақагирон ва маъюбони гурўҳи 1 ва 2 дода мешаванд;
- аз маблағе, ки ба ҷабрдидагон барои ғизои иловагӣ, табобатҳои истироҳатию шифобахшӣ ва гузоштани узви сунъӣ, инчунин барои хароҷоти нигоҳубини онҳо дар ҳолатҳои расонидани зарар ва ё дигар зарари ба саломатӣ расонидашуда, пардохт карда мешаванд;
- аз ҷубронпулӣ барои меҳнате, ки дар шароитҳои зараровар ва ғайриоддӣ, ҳамчунин аз маблағе, ки ба шаҳрвандон, дар натиҷаи  офатҳои экологӣ ё таъсири радиатсионӣ, ки дар натиҷаи бартараф  намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ ва техногенидошта расонда шудааст;
- аз мукофотпулӣ ва ёрдампулиҳои яквақта, новобаста аз манбаи пардохти онҳо;
- аз кўмакпулӣ ҳангоми аз кор рафтан ё истеъфои корманд;
- аз ҷубронпулӣ барои рухсатии меҳнатии истифоданашуда (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки рухсатии меҳнатии якчандсолаи истифоданашуда якҷоя карда шудаанд);
- аз кўмакпулӣ барои дафнкунӣ;
- дигар пардохтҳое, ки мутобиқи қонунгузорӣ хусусияти доимӣ надоранд.
 
Моддаи 71. Кам намудани андозаи ситониш аз рўи ҳуҷҷати иҷро дар асоси аризаи қарздор
1. Иҷрочии мақомоти иҷро дар асоси аризаи қарздор ҳуқуқ дорад андозаи ситониши даврагии рўёнидашавандаро дар ҳолатҳои зерин кам намояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613):
- ба вуҷуд омадани хароҷоти ҷиддии иловагии қарздор, махсусан бо сабаби дармондагӣ, заъифӣ ва ё бемории шахси сеюми ўҳдадор ё аъзои оилаи ў, ки дар таъминоти ў мебошанд;
- бад шудани вазъи молумулкии қарздор бо сабаби маъюбӣ ё расидан ба синни нафақа;
- агар кам кардани андозаи ситониши даврагии рўёнидашаванда ба манфиатҳои ситонанда зарари ҷиддӣ нарасонад.
2. Дар бораи кам кардан ё рад намудани кам кардани андозаи ситониши даврагии руёнидашаванда иҷрочии мақомоти иҷро қарор қабул менамояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
 
Моддаи 72. Зиёд намудани андозаи ситониш аз рўи ҳуҷҷати иҷро дар асоси аризаи ситонанда
1. Иҷрочии мақомоти иҷро дар асоси аризаи ситонанда ҳуқуқ дорад андозаи ситониши даврагии рўёнидашавандаро зиёд намояд, агар вазъи молумулкии қарздор беҳтар шуда бошад ва ҳаҷми ситониш мувофиқи моддаи 71 Қонуни мазкур кам карда шуда бошад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
2. Дар бораи зиёд намудан ё рад кардани зиёд намудани андозаи ситониши даврагии рўёнидашаванда иҷрочии мақомоти иҷро қарор қабул менамояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562 аз 20.06.19 с., №1613).
 
Моддаи 73. Ҳимояи суратҳисоби бонкии қарздор
Дар ҳолате, ки агар ба суратҳисоби бонкии қарздор маблағҳое, ки нисбат ба онҳо мувофиқи моддаи 70 Қонуни мазкур ҳабс гузоштан мумкин нест, ворид шаванд, иҷрочии мақомоти иҷро аз рўи аризаи қарздор  гузоштани ҳабсро ба суратҳисоб ба андозаи маблағи умумии даромадҳое, ки нисбат ба онҳо гузоштани ҳабс мумкин нест, аз рўзи гузоштани ҳабс то  дафъаи дигари пардохт бекор менамояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
 
Моддаи 74. Аз ҷониби суд муқаррар намудани даромадҳое, ки ба онҳо ҳабс гузошта мешавад
1. Ҳангоми аниқ набудани он, ки ба кадом қисми даромади қарздор ҳабс гузошта мешавад, суд аз рўи аризаи ситонанда, қарздор ё шахси сеюми ўҳдадор маблағеро, ки бояд ба ҳабс гирифта шавад, муқаррар менамояд ва дар ин хусус дар мўҳлати ду ҳафта баъди пешниҳоди аризаи зикргардида қарор қабул менамояд.
2. Аризадиҳанда дар якҷоягӣ бо аризаи худ бояд ҳуҷҷатҳоеро пешниҳод намояд, ки маблағи ба ҳабс гирифташавандаро тасдиқ намояд.
 
Моддаи 75.  Иҷрои маҷбурӣ ҳангоми нигаронидани ситониш ба дигар ҳуқуқҳои молумулкии қарздор
1. Барои иҷрои маҷбурии нигаронидани ситониш ба дигар  ҳуқуқҳои молумулкии қарздор, ки предмети ситониш ба молу мулки ғайриманқул ҳисоб намешавад, қоидаҳои пешбининамудаи боби мазкур татбиқ карда мешаванд.
2. Дар сурати набудани шахси сеюми ўҳдадор гузоштани ҳабс ба ҳуқуқҳои молумулкии қарздор аз лаҳзаи ба қарздор супоридани нусхаи қарор дар бораи гузоштани ҳабс ба ҳуқуқҳои молумулкӣ бо нишон додани ўҳдадорӣ ҷиҳати худдорӣ аз амалӣ намудани ин ҳуқуқҳо эътибори қонунӣ пайдо мекунад.
 
БОБИ 6. ТАРТИБИ НИГАРОНИДАНИ СИТОНИШ БА МОЛУ МУЛКИ ЃАЙРИМАНҚУЛИ ҚАРЗДОР
 
Моддаи 76.  Тартиби нигаронидани ситониш ба молу мулки ғайриманқули қарздор
Нигаронидани ситониш ба молу мулки ғайриманқули қарздор бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
 
БОБИ 7. ИҶРОИ САНАДҲОИ СУДӢ, КИ ҚАРЗДОРРО БАРОИ СОДИР НАМУДАНИ АМАЛҲОИ МУАЙЯН ВА ХУДДОРӢ Ё ТОҚАТ НАМУДАН АЗ СОДИР НАМУДАНИ АМАЛҲОИ МУАЙЯН ЎҲДАДОР МЕНАМОЯД
 
Моддаи 77. Иҷрои ҳалномае, ки қарздорро ўҳдадор месозад, то амалҳои муайянро содир намояд
Агар ҳуҷҷати иҷро ба қарздор ўҳдадории содир намудани амали муайянеро вогузор намояд ва ў талаботи мазкурро иҷро накунад, ситонанда ҳуқуқ дорад бо ариза ба суд оид ба ҷалби қарздор ба ҷавобгарии маъмурӣ ё ҷиноятӣ ё ин ки оид ба гирифтани иҷозати содир намудани амали мазкур аз ҷониби худ, агар содир намудани он аз ҷониби дигар шахс мумкин бошад, муроҷиат намояд.
 
Моддаи 78. Иҷрои амал аз ҷониби ситонанда ё шахси сеюми ваколатдор аз ҳисоби қарздор
1. Агар ситонанда ба суд бо ариза оид ба гирифтани иҷозат ба содир намудани амале, ки мумкин аст аз ҷониби шахси сеюм иҷро гардад, муроҷиат намояд, суд аризаи мазкурро мутобиқи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд.
2. Агар қарздор тасдиқ накунад, ки амали талабшавандаро иҷро намудааст, суд ҳуқуқ дорад ситонандаро ба иҷрои амали мазкур ваколатдор намояд ва бо аризаи ситонанда қарздорро ба додани байъона ўҳдадор менамояд, агар ситонанда асоснок кунад, ки иҷрои амали мазкур аз ҷониби ў бо хароҷоти муайян вобастагӣ дорад. Ситониш оид ба пардохти байъона аз ҷониби иҷрочии мақомоти иҷро бо тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур амалӣ карда мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
 
Моддаи 79. Иҷрои ҳалномае, ки қарздорро ба худдорӣ ё тоқат кардан аз содир намудани амалҳои муайян ўҳдадор мегардонад
Агар ҳуҷҷати иҷро қарздорро ба худдорӣ ё тоқат кардан аз содир намудани амалҳои муайян ўҳдадор гардонад ва ў талаби мазкурро иҷро накунад, ситонанда ҳуқуқ дорад ба суд бо ариза оид ба ҷалби қарздор ба ҷавобгарии маъмурӣ ё ҷиноятӣ муроҷиат намояд. Тартиби баррасии аризаи ситонанда тибқи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
 
Моддаи 80. Иҷрои ҳалнома дар бораи аз қарздор кашида гирифтан ва ба ситонанда додани молу мулки манқули муайян
1. Агар ҳуҷҷати иҷро қарздорро ўҳдадор намояд, ки ба ситонанда молу мулки манқули муайянро диҳад ва ў талаботи мазкурро иҷро нанамояд, ин молу мулк аз ў аз ҷониби иҷрочии мақомоти иҷро кашида гирифта шуда, ба ситонанда дода мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
2. Агар иҷрочии мақомоти иҷро молу мулки манқули мазкурро пайдо накунад, қарздор ўҳдадор аст ба иҷрочии мақомоти иҷро маҳалли ҷойгиршавии ин молу мулки манқулро хабар диҳад. Агар қарздор ин имкониятро надошта бошад, ў ўҳдадор аст итминон диҳад, ки ин молу мулки манқулро соҳибӣ намекунад ва маҳалли ҷойгиршавии онро намедонад, инчунин маълумоте, ки ў пешниҳод менамояд, мукаммал ва ба ҳақиқат мувофиқ мебошанд, ки ба протокол ворид карда мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
3. Агар қарздор итминони пешбининамудаи қисми 2 моддаи мазкурро иҷро накунад, бо пешниҳоди иҷрочии мақомоти иҷро суди маҳалли истиқомати қарздор ўро ба ҷавобгарии маъмурӣ мекашад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
 
Моддаи 81. Тартиби иҷрои ҳуҷҷати иҷро оид ба кўчонидани қарздор
1. Ҳангоми дар мўҳлати муқаррарнамудаи иҷрочии мақомоти иҷро ихтиёран иҷро накардани ҳуҷҷати иҷро оид ба кўчонидани қарздор, иҷрочии мақомоти иҷро кўчониданро ба тариқи маҷбурӣ амалӣ менамояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
2. Иҷрочии мақомоти иҷро қарздорро дар бораи рўз ва вақти кўчонидани маҷбурӣ расман хабардор менамояд. Набудани қарздоре, ки аз рўзи кўчонидан хабардор карда шуда буд, барои иҷрои ҳуҷҷати иҷро монеъ намегардад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
3. Кўчонидан аз холӣ намудани бинои дар ҳуҷҷати иҷро нишон додашуда, аз кўчонидашаванда (кўчонидашавандаҳо), молу мулки он (онҳо), ҳайвоноти хонагӣ ва ба ситонанда супоридани бинои холикардашуда ё ба тартиби муқаррараргардида барои нигаҳдорӣ супоридашуда иборат мебошад.
4. Кўчонидан дар ҳузури шахсони холис ва дар мавридҳои зарурӣ бо мусоидати мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳатман бо барўйхатгирии молу мулк аз тарафи иҷрочии мақомоти иҷро амалӣ карда мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
5. Иҷрочии мақомоти иҷро дар мавридҳои зарурӣ нигоҳдории молу мулки қарздорро бо ба зиммаи ў гузоштани хароҷоти сарфшуда таъмин менамояд. Молу мулки қарздор дар мўҳлати на зиёда аз се сол нигоҳ дошта мешавад, пас аз ин мўҳлат молу мулки мазкур ҳамчун молу мулки бесоҳиб бо тартиби муқарраршуда ба фурўш бароварда мешавад. Маблағ аз фурўши молу мулки қарздор ба буҷети давлатӣ равона карда мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
6. Иҷрои ҳуҷҷати иҷро оид ба кўчонидани қарздор аз тарафи иҷрочии мақомоти иҷро бо тартиб додани санад оид ба кўчонидан ба расмият дароварда мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
 
Моддаи 82. Тартиби иҷрои ҳуҷҷати иҷро оид ба маскун намудани ситонанда
1. Дар мавриди ихтиёран иҷро накардани ҳуҷҷати иҷро оид ба маскун намудан дар мўҳлати муқаррарнамудаи иҷрочии мақомоти иҷро, он аз ҷониби иҷрочии мақомоти иҷро ба таври маҷбурӣ амалӣ гардонида мешавад. Маскун намудан ин аз тарафи иҷрочии мақомоти иҷро бемамониат таъмин намудани воридшавии ситонанда ба бинои дар ҳуҷҷати иҷро нишондодашуда ва аз истиқомат намудани вай дар ин бино иборат мебошад. Дар ин маврид ба қарздор фаҳмонида мешавад, ки маскун намудан ба таври маҷбурӣ амалӣ шуда истодааст ва ў ўҳдадор аст барои истиқомати ситонанда (ҳозир буданаш) мамониат накунад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
2. Дар ҳолати мамониат намудани қарздор ба иҷрои ҳуҷҷати иҷро оид ба маскун намудани ситонанда, амалҳои иҷро бо иштироки шахсони холис ва дар мавридҳои зарурӣ бо иштироки мақомоти корҳои дохилӣ амалӣ карда мешавад. Ҳангоми минбаъд мамониат намудан ба истиқомати (ҳозир будани) ситонанда амалҳои зикршуда аз нав гузаронида мешаванд ва чораҳои ҷаримавию дигар чораҳои дар моддаи 91 Қонуни мазкур пешбинишуда татбиқ карда мешаванд.
3. Иҷрои ҳуҷҷати иҷро оид ба маскун намудани ситонанда бо тартиб додани санад оид ба маскун кардан аз тарафи иҷрочии мақомоти иҷро ба расмият дароварда мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
4. Ҳуҷҷати иҷро ба шарте иҷрошуда ҳисоб карда мешавад, ки агар ба ситонанда имконияти ҳамарўза бемамониат истифодабарии бинои дахлдор таъмин шуда бошад.
5. Агар баъди тартиб додани санад оид ба маскун кардани ситонанда қарздор боз аз нав барои истиқомати (ҳозир будани) ситонанда мамониат намояд, истеҳсолоти иҷро аз рўи ҳуҷҷати иҷрошуда мумкин аст аз нав оғоз карда шавад.
6. Ҳангоми барои истиқомати (ҳозир будани) ситонанда мамониат намудани шахсе, ки аз рўи ҳуҷҷати иҷро қарздор намебошад, масъалаи маскун намудан бо тартиби судӣ ҳал карда мешавад.
 
Моддаи 83. Тартиби кашида гирифтан ва ба ситонанда додани молу мулке, ки дар соҳибияти шахси сеюм мебошад
Агар молу мулки кашида гирифташаванда ва ба ситонанда додашаванда дар соҳибияти шахси сеюм бошад, ки ў ба додани он розӣ нест, суд аризаи ситонандаро оид ба кашида гирифтан ва додани ин молу мулк бо тартиби мурофиаи даъво тибқи пешбининамудаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд.
 
БОБИ 8. ТАҚСИМОТИ МАБЛАҒИ ПУЛИИ СИТОНИДАШУДА
 
Моддаи  84. Тақсимоти маблағи пулии ситонидашуда
1. Аз маблағе, ки иҷрочии мақомоти иҷро аз қарздор ситонидааст, дар навбати аввал ҷаримаҳое, ки дар давоми иҷрои ҳуҷҷати иҷро ба қарздор вогузор карда шудааст, баъд аз он хароҷотҳо вобаста ба иҷро пардохта шуда, сипас маблағи боқимонда барои қонеъ гардонидани талаботи ситонандагон пардохт мегардад. Маблағе, ки баъд аз пурра қонеъ гардонидани тамоми талабот боқӣ мондааст, ба қарздор баргардонида мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
2. Маблағи аз қарздор ситонидашудае, ки ба ситонандагон бояд дода шавад, аз тарафи иҷрочии мақомоти иҷро ба суратҳисоби депозитии мақомоти ваколатдор дохил карда шуда, баъд аз он мувофиқи тартиби муқарраршуда дода ва ё гузаронида мешавад, ки маънои баохиррасии истеҳсолотро мефаҳмонад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
3. Маблағҳои ба даромади давлат пардохтшаванда аз тарафи иҷрочии мақомоти иҷро бевосита ба суратҳисоби хазинадорӣ гузаронида мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
4. Ҳангоми иҷрои ситониш шахсоне, ки ҳуҷҷатҳои иҷроро аз рўи парвандаҳои дигар доранд, метавонанд ба ин ситониш то баохиррасии он ҳамроҳ шаванд.
 
Моддаи 85. Ситониши навбати аввал
Дар навбати аввал талабот оид ба ситонидани алимент, талабот оид ба ҷуброни зарари ҷисмонӣ ё зарари дигари ба саломатӣ расонидашуда, инчунин вобаста ба фавти саробон қонеъ гардонида мешаванд.
 
Моддаи 86. Ситониши минбаъда
1. Дар навбати дуюм талаботи кормандон, ки аз муносибатҳои меҳнатӣ бармеоянд ва талабот оид ба пардохти мукофотпулӣ вобаста ба шартномаи муаллифӣ қонеъ гардонида мешавад.
2. Дар навбати сеюм талаботи қарздорон оид ба ўҳдадорӣ, ки бо гарав таъмин карда шудаанд, дар доираи маблағи таъминот қонеъ гардонида мешавад.
3. Дар навбати чорум талабот оид ба ўҳдадории пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет ва талабот оид ба ҷуброни зарар қонеъ гардонида мешавад.
4. Дар навбати панҷум ҳамаи дигар талаботҳо қонеъ гардонида мешаванд.
 
Моддаи 87.  Ситонидани пардохтҳои иҷро
1. Ҳангоми иҷрои маҷбурии ҳуҷҷати иҷрои хусусияти молумулкидошта аз қарздор ба андозаи ҳаф фоиз аз маблағи ситонидашаванда ва ҳангоми иҷрои маҷбурии ҳуҷҷатҳои иҷрои хусусиятҳои молумулкинадошта аз қарздор – шаҳрванд ба андозаи панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва аз қарздор – ташкилот ба андозаи панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо пардохти иҷро ситонидани мешавад. Дар бораи ситонидани пардохти иҷро иҷрочии мақомоти иҷро қарор қабул мекунад. (ҚҶТ аз 21.07.10. №610;  аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613)
2. Қарор дар бораи ситонидани пардохти иҷро дар ҳолати бори аввал ворид шудани ҳуҷҷати иҷро ба иҷрочии мақомоти иҷро қабул карда мешавад. Пешниҳоди минбаъдаи ҳуҷҷати иҷро барои иҷро ба иҷрочии мақомоти иҷро мавриди  ситонидани пардохти иҷро қарор дода намешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
3. Маблағи пардохти иҷро ба фонди инкишофи истеҳсолоти иҷро ворид карда мешавад. Тартиби истифодабарии фонди инкишофи истеҳсолоти иҷро аз ҷониби Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. (ҚҶТ аз 20.06.19 с., №1613)
4. Маблағ барои иҷро дар ҳолати қатъ намудани истеҳсолоти иҷро бо сабаби бекор кардани санади судӣ ё санади мақомоти дигар, ки дар асоси он ҳуҷҷати иҷро дода шудааст ва ё ҳуҷҷате, ки тибқи қонун ҳуҷҷати иҷро мебошад,  ба қарздор баргардонида мешавад.
5. Қарор дар бораи ситониши пардохти иҷро дар баробари баровардани қарор дар бораи оғози истеҳсолоти иҷро қабул карда мешавад ё ситонидани пардохти иҷро дар қарор дар бораи оғози истеҳсолоти иҷро мумкин аст нишон дода шавад.
 
Моддаи 88. Хароҷот оид ба гузаронидани амалҳои иҷро
1. Хароҷот оид ба гузаронидани амали иҷро ин маблағҳои буҷетӣ ва маблағҳое, ки тарафҳои иштироккунандаи истеҳсолоти иҷро барои ташкил ва гузаронидан масраф намудаанд, мебошанд.
2. Ба хароҷот оид ба гузаронидани амали иҷро маблағҳои сарфшудае, ки барои:
- ошкоркунӣ, азназаргузаронӣ, нархгузории молу мулки қарздор;
- ташкил, ба рўйхат гирифтан ва ҳабси молу мулки қарздор, ҳамлу нақл ва нигоҳ доштани чунин молу мулк;
- фурўхтани молу мулки ҳабсшуда;
- пардохт намудани хизмати тарҷумонҳо, мутахассисон ва дигар шахсоне, ки мувофиқи тартиби муайянкардашуда барои анҷом додани амали иҷро ҷалб карда шуда буданд;
- хароҷоти нақлиётии иҷрочии мақомоти иҷро ҳангоми иҷрои амали иҷро (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613);
- хароҷоти почтавию телеграфӣ, алоқаи барқӣ ва дигари коммуникатсионӣ;
- кофтукови қарздор;
- пешпардохти ҳаққи ситонанда;
- дигар амалҳои зарурие, ки дар рафти иҷрои ҳуҷҷати иҷро  гузаронида шудаанд, тааллуқ доранд.
 
Моддаи 89. Тартиби рўёнидани хароҷот оид ба амалҳои иҷро
1. Хароҷоте, ки барои гузаронидани амалҳои иҷро сарф шудаанд, аз қарздор ситонида мешаванд.
2. Ҳангоми қатъ ёфтани истеҳсолоти иҷро дар ҳолати бекор шудани санади судӣ ё санади дигар мақомот, ки дар асоси он ҳуҷҷати иҷро дода шуда буд, хароҷоти оид ба гузаронидани амалҳои иҷро сарфшуда аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ҷуброн карда мешаванд.
3. Дар мавриди  қатъ шудани истеҳсолоти иҷро, бинобар бе асос даст кашидани ситонанда аз гирифтани ашёҳои аз қарздор  кашида гирифташуда, зимни иҷрои ҳуҷҷати иҷро оид ба ситонанда додани онҳо ва ба ў баргардонидани ҳуҷҷати иҷро, агар ситонанда бо амал ё беамалии худ барои иҷро монеагӣ карда бошад, хароҷоти вобаста ба гузаронидани амалҳои иҷро сарфшуда аз ҳисоби ситонанда ситонида мешавад.
4. Ситонидани хароҷоте, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ сарф шудаанд, дар асоси қарори суд амалӣ карда мешавад. Ҷуброни хароҷот аз рўи ҳисоби тартибдодаи иҷрочии мақомоти иҷро анҷом дода мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
5. Нусхаи қарор дар муддати се рўз ба тарафҳо фиристонида мешавад. Ба қарор тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун дар мўҳлати даҳ рўз шикоят ё эътироз овардан мумкин аст.
 
Моддаи 90. Пешпардохти хароҷот аз тарафи ситонанда
Бо мақсади таъмини иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро ситонанда ҳуқуқ дорад, ки ба суратҳисоби депозитиииҷрочиёни мақомоти иҷро  хароҷоти заруриеро, ки барои  гузаронидани амалҳои иҷро кифоя аст,  пешпардохт намояд. (ҚҶТ аз 20.06.19 с., №1613)
 
Моддаи 91. Ҷавобгарии қарздор барои иҷро накардани ҳуҷҷатҳои иҷро
1. Дар мавридҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ барои иҷро накардани ҳуҷҷатҳои иҷро қарздор ба ҷавобгарии маъмурӣ ё ҷиноятӣ  кашида мешавад.
2. Ба ҷавобгарӣ кашидани қарздор ўро аз ўҳдадории иҷрои амалҳое, ки дар ҳуҷҷати иҷро пешбинӣ шудаанд, озод намекунад.
 
Моддаи 92. Иҷрои санадҳои судӣ ва дигар санадҳо нисбати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ, инчунин шахсони бешаҳрванд
Иҷрои санадҳои судӣ ва дигар санадҳо нисбати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ, инчунин шахсони бешаҳрванд мувофиқи Қонуни мазкур ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
 
Моддаи 93. Иҷрои ҳалномаҳои судҳои давлатҳои хориҷӣ ва судҳои ҳакамии хориҷӣ (арбитражҳо)
1. Тартиби иҷро намудани ҳалномаҳои судҳои давлатҳои хориҷӣ ва судҳои ҳакамии хориҷӣ (арбитражҳо) мувофиқи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва Қонуни мазкур ба амал бароварда мешавад. Варақаи иҷро, ки дар асоси ҳалномаи суди хориҷӣ дода шудааст, аз тарафи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст, ки барои иҷрои маҷбурӣ дар муддати се сол аз лаҳзаи эътибори қонунӣ пайдо намудани ҳалнома пешниҳод шавад.
2. Дар ҳолатҳое, ки агар мувофиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои дигар муқаррар шуда бошанд, он гоҳ қоидаҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ татбиқ карда мешаванд.
 
Моддаи 94. Ҳифзи ҳуқуқҳои ситонанда ҳангоми сари вақт аз тарафи ташкилот ба амал набаровардани ситониш аз рўи ҳуҷҷати иҷро
Ситонанда ҳуқуқ дорад нисбати ташкилот дар бораи ситонидани маблағе, ки бо гуноҳи ў аз қарздор ситонида нашудааст, ба суд бо даъво муроҷиат намояд.
 
Моддаи 95. Ҳифзи ҳуқуқи шахсони дигар ҳангоми содир намудани амалҳои иҷро
Ҳангоми ба вуҷуд омадани баҳс вобаста ба тааллуқдории молу мулке, ки ба он ситониш нигаронида мешавад, шаҳрвандон ва ташкилотҳои манфиатдор ҳуқуқ доранд оид ба озод кардани молу мулк аз ҳабс ё аз рўйхат баровардани он ба суд бо даъво муроҷиат намоянд.
 
Моддаи 96. Қонеъ гардонидани талабот оид ба ҳуҷҷати иҷро
1. Пас аз пурра қонеъ гардонидани талабот оид ба ҳуҷҷати иҷро ситонанда нусхаи ҳуҷҷати иҷрои худро бо тасдиқи имзояш бо ишора оид ба қонеъгардонии ситониш ба иҷрочии мақомоти иҷро месупорад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
2. Агар талабот аз ҷониби шахси сеюми ўҳдадор қонеъ гардонида шуда бошад, ситонанда расидро ба шахси сеюми ўҳдадор низ медиҳад. (ҚҶТ аз 20.06.19 с., №1613)
 
Моддаи 97. Ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани иҷрочии мақомоти иҷро
(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613)
1. Ба вазифаи иҷрочии мақомоти иҷро шахсе таъин карда мешавад, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ дорад ва хизмати ҳарбии ҳатмии мӯҳлатнокро (ба истиснои занон, инчунин мардоне, ки билети ҳарбӣ доранд, ба ғайр аз онҳое, ки хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо кардаанд) адо карда бошад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613; аз 29.01.2021с., №1757).
2. Иҷрочии мақомоти иҷро аз ҷониби сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тартиби муқарраргардида ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10. №610;  аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613)
 
Моддаи 98. Мукофотонидани иҷрочии мақомоти иҷро
(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613)
1. Иҷрочии мақомоти иҷро, ки иҷрои ҳуҷҷати иҷроро ба таври воқеӣ ва сари вақт таъмин менамояд, ба андозаи панҷ фоизи маблағҳои ситонидаи ў ё арзиши молу мулк, вале на зиёда аз андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва нисбати ҳуҷҷатҳои иҷрое, ки хусусияти молумулкӣ надоранд, ба андозаи чор нишондиҳанда барои ҳисобҳо мукофотонида мешавад. (ҚҶТ аз  03.07.2012с., №867)
2. Ҳангоми қисман иҷро намудани ҳуҷҷати иҷро новобаста аз сабабҳое, ки ба иҷрочии мақомоти иҷро вобастагӣ надоранд, мукофот мутаносибан ба маблағи рўёнидашуда дода мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
3. Маблағи нишондодашуда ба иҷрочии мақомоти иҷро аз ҳисоби фонди инкишофи истеҳсолоти иҷро дода мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
 
Бобби 81. Ҳуқуқу ўҳдадориҳо ва кафолатҳои давлатии фаъолияти иҷрочӣ
(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562)
 
Моддаи 981. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои иҷрочии мақомоти иҷро
(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613)
1. Иҷрочии мақомоти иҷро ҳуқуқ дорад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613):
- вобаста ба иҷрои ҳуҷҷати иҷро маълумоти зарурӣ, аз ҷумла маълумотеро, ки ба сирри тиҷоратӣ, бонкӣ, амалиёти нотариалии баҷоовардашуда мансуб мебошад, аз мақомоти андоз, бонк ва нотариати давлатӣ талаб карда гирад;
- дар ташкилотҳо, новобаста ба шакли моликият, ки қарздор дар он ҷо фаъолият мекунад, иҷрои санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомотро ба пардохти маблағҳои пули дахолдор санҷад;
- бо нишон додани шаҳодатномаи хизматӣ ба бинои мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, новобаста ба шакли  моликият ва дигар маҳалли ҷойгиршавӣ ё маҳалли истиқомати қарздор ворид гардад, инчунин молу мулки ўро  аз назар гузаронад;
- барои муқарар намудани  маҳалли ҷойгиршавии молу мулки қарздор баёноти ситонанда, қарздор ва шахси сеюмро гирад ва дар   ин хусус протокол тартиб диҳад;
- маълумоти заруриро оид ба молу мулки қарздор, ки дар ихтиёри шахси сеюм қарор дорад, ҷамоварӣ намояд; (ҚҶТ аз  03.07.2012с., №867)
- вазифаҳои дигареро, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, иҷро намояд.
2. Ўҳдадориҳои иҷрочии мақомоти иҷро (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613):
- маводҳоро ба мақомоти судӣ ва дигар мақомоте, кибарои иҷро ҳуҷҷати иҷроро пешниҳод намудаанд, вобаста ба дароз намудани мўҳлати иҷр, мавқуф гузоштан, боздоштан, батаъхиргузорӣ, ба давраҳо ҷудо намудан, тағйир додани тарз ва тартиби иҷрои он, инчунин барои дидани дигар ораҳои қонунӣ пешниҳод менамояд;
- ҳуҷҷати иҷроро аз ситонанда ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ аз суд ё дигар мақомоте, ки онро додаст, барои иҷро қабул намуда, фавран истеҳсолоти иҷроро оғоз менамояд;
- маълумот ва (ё) ҳисоботи омориро оид ба ҳуҷҷати иҷро тибқи тартиби муқарраргардида ба Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд; (ҚҶТ аз 20.06.19 с., №1613)
- ўҳдадориҳои дигареро, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ гардидаанд, иҷро менамояд.
3. Иҷрочии мақомоти иҷро барои воридшавӣ ба бинои ишғолнамуда ё маҳалди ҷойгиршавии молу мулк ё барои кушодани анбор намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ ва шахсони холисро даъват намуда, дар ҳузури онҳо бино ё анборро мекушояд ва аз назар мегузаронад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
 
Моддаи 982. Ўҳдадориҳои мақомотҳо ва шаҳрвандон оид ба талаботи иҷрочии мақомоти иҷро(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 15624 аз 20.06.19 с., №1613)
Мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста ба шакли моликият ўҳдадоранд дар мўҳлати на дертар аз 10 рўз маълумот ва ҳуҷҷатҳои заруриро, ки аз талаботи иҷрочии мақомоти иҷро бармеоянд, пешниҳод кунанд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
 
Моддаи 983. Ҳатмӣ будани талаботи иҷрочии мақомоти иҷро
(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613)
 Талаботи иҷрочии мақомоти иҷро вобаста ба ҳуҷҷати иҷро барои ҳамаи мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста ба шакли моликият ҳатмӣ буда, он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бе мамониат ба иҷро расонида мешавад. (ҚҶТ аз  03.07.2012с., №867; аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613)
 
Моддаи 984. Ҳифзи ҳуқуқии иҷрочии мақомоти иҷро
(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613)
1. Иҷрочии мақомоти иҷро ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ намояндаи ҳокимияти иҷроия буда, таҳти ҳимояи давлат қарор дорад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
2. Иҷро накардан ё ин ки монеъ шудан ба иҷрои талаботи қонунии иҷрочии мақомоти иҷро, паст задании шаъну шарафи ў, таҳдид, истифодаи зўроварӣ, таҷовуз ба ҳаёт, саломатӣ ва молу мулки ў, инчунин дигарҳаракатҳое, ки барои иҷрои вазифаи хизматии ў монеъ мешаванд, муовифиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарӣ мегардад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
 
Моддаи 985. Таъмини амнияти шахсии иҷрочии мақомоти иҷро ва хешовандони наздики ў
(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613)
1. Амнияти шахсии иҷрочии мақомоти иҷро ва хешовандони наздики ў аз таҷовузи ҷиноятӣ ба ҳаёт, саломатӣ, шаъну шараф ва молу мулки онҳо, ки ба фаъолияти хизматии ў алоқаманд мебошад, аз ҷониби давлат таъмин карда мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
2. Чораҳо доир ба таъмини амнияти шахсии иҷрочии мақомоти иҷро ва хешовандони наздики ў дар ҳолатҳои мавҷудияти хатар ба ҳаёт, саломатӣ ва молу мулки ў тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613).
 
Моддаи 986. Тартиби додани рутбаҳои дараҷавӣ ва либоси ягонаи хизматӣ ба иҷрочии мақомоти иҷро
(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613)
Ба иҷрочии мақомоти иҷро тибқи тартиби барои кормандони мақомоти адлия ва нотариати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида рутбаи дараҷавӣ дода мешавад. Иҷрочиёни мақомоти иҷро тибқи тартиб ва меёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо либоси ягонаи хизматӣ ба тариқи ройгон таъмин карда мешаванд. (ҚҶТ аз  03.07.2012с., №867; аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613)
 
БОБИ 9. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
 
Моддаи 99. Ташкили кор, коргузорӣ ва таъминоти моддию техникии фаъолияти иҷрочиёни мақомоти иҷро
(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1562; аз 20.06.19 с., №1613)
Ташкили кор, коргузорӣ ва таъминоти моддию техникии фаъолияти иҷрочиёни мақомоти иҷрои судро Дастурамали аз ҷониби Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқкарда, муайян менамояд. (ҚҶТ аз 20.06.19 с., №1613)
 
Моддаи 100. Ҷавобгарӣ барои вайрон намудани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон намудани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 101. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
        Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                           ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
 
ш.Душанбе,
20 марти соли 2008
№ 373