ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2065 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2033 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.02.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2026 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.01.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАМИНСОЗӢ

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Чшб, 05/02/2020 - 15:46
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
356
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
05.01.2008
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ЗАМИНСОЗӢ
(ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1343)
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2008, №1 қисми 2, мод. 21
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.07.2016 с., №1343; аз 29.01.2021с., №1760)
 
Қонуни мазкур маҷмўи муносибатҳои бо асосҳои ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи заминсозӣ алоқаманд, тартиби амалигардонии чорабиниҳои заминсозӣ, инчунин муносибатҳоро дар раванди фаъолияти заминсозӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин, заминистифодабарандагон, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ,  ки ба гузаронидани корҳои заминсозӣ манфиат доранд, танзим менамояд (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1343).
                                                                                             
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- заминсозӣ – маҷмўи чорабиниҳо, ки барои истифодаи пурра, оқилона ва самараноки замин, ташкили заминистифодабарии нав, танзими заминистифодабарии мавҷуда, гузаронидани корҳои таҳқиқотӣ, таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, марзакашӣ ва ҳифзи заминҳо, инчунин барои нигоҳдорӣ ва беҳдошти манзараҳои табиӣ равона карда мешавад; (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1760)
- фаъолияти заминсозӣ – фаъолияти илмӣ, техникӣ, истеҳсолӣ,  ки ҳангоми таҳияи чорабиниҳо ва иҷрои корҳои заминсозӣ анҷом дода мешавад;
- корҳои заминсозӣ –таҳқиқоти саҳроӣ, камералӣ, ҷўстуҷўӣ, топографӣ, геодезӣ, харитасозӣ, лоиҳакашӣ, ки  ҳангоми анҷом додани  фаъолияти заминсозӣ иҷро мегарданд (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1343);
(хориҷ карда шуд ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1760)
- лоиҳаи заминсозӣ – маҷмўи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва техникӣ,  ки дар онҳо чорабиниҳои заминсозӣ дар шакли нақша, харита инъикос ёфта, хаттӣ баён мегарданд ва татбиқи онҳо дар ҳудуди муайян пешбинӣ шудааст; (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1760)
- чорабиниҳои заминсозӣ – маҷмўи корҳои заминсозӣ,  ки барои ташкил ва такмили объекти заминсозӣ равона карда мешавад;
- объектҳои заминсозӣ - ҳудуди воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, маҳалҳои аҳолинишин, ҳудуди заминистифодабарӣ, қитъаи замин ва қисмҳои онҳо; (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1760)
- заминистифодабарӣ ҳудуди қитъаи замин, ки дорои сарҳад, майдон ва мавзеи ҷойгиршавии муайян буда, ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифода дода шудааст; (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1760)
- ташкили заминистифодабарӣ – маҷмўи корҳо оид ба муайянкунии мавзеи ҷойгиршавӣ, сарҳад,  масоҳати қитъаи замин ё маҷмўи қитъаҳои  замин, дигар хусусиятҳо бо назардошти таъиноти мақсадноки заминҳо, инчунин дар ҳолати зарурӣ муайян намудани маҳдудиятҳо дар истифодаи заминҳо;
- марзакашии заминҳо – маҷмўи корҳо оид ба муайян кардани сарҳадҳои воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ,  маҳалҳои аҳолинишин, заминистифодабарандагон ва мустаҳкам намудани хати сарҳад бо аломатҳои марзии намунаи муқарраршуда ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1760);
- фонди давлатии ҳуҷҷатҳои заминсозӣ – маҷмўи ҳуҷҷатҳое,  ки дар натиҷаи гузаронидан ва анҷом додани корҳои заминсозӣ ба даст омадаанд ва барои истифодаи минбаъда дар мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин ва мақомоти маҳаллии он нигоҳ дошта мешаванд (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1343; аз 29.01.2021с., №1760);
- нақшаи қитъаи замин – ҳуҷҷати нақшавӣ буда, дар он мавзеи ҷойгиршавӣ, андоза, намудҳои замин, ҷойгиршавии сарҳадҳои қитъаи замин, инчунин ҷойгиршавии биноҳо, иншоот, дарё, каналу дигар иншоотҳои обӣ, хатҳои баландшиддати барқ ва дигар молу мулки ғайриманқул инъикос меёбанд;
- заминсозии дохилихоҷагӣ – маҷмўи чорабиниҳо ва корҳои заминсозӣ оид ба ташкили заминистифодабарии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ҳудуди заминистифодабарии онҳо, ки танзими заминистифодабарии мавҷуда, истифодаи пурра, самаранок ва оқилонаи заминҳо, ҳифзи заминҳо, фароҳам овардани шароитҳои ҳифзи муҳити зистро таъмин менамояд;
- заминсозии байнихоҷагӣ – маҷмўи чорабиниҳо ва корҳои заминсозӣ, ки азнавтақсимкунии заминҳо, ташкили заминистифодабарии нав, додани заминҳо ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, гирифтани заминҳо аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, муайянкунӣ ва тағйирдиҳии сарҳади заминистифодабариро  таъмин менамояд;
- боздоштани истифодаи замин  – то мўҳлати муайян манъ кардани истифодаи қитъаи замин (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1760);
- барқарорсозии замин - маҷмӯи чорабиниҳое, ки барои барқарор кардани қабати ҳосилхези хок амалӣ карда мешаванд (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1760) ;
(хориҷ карда шуд ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1760)
- координатҳо – рақамҳое, ки бо нишон додани онҳо мавқеи нуқта дар сатҳ ва ё дар фазо муайян карда мешавад;
- кадастри замин – маҷмўи маълумот оид ба миқдор, сифат ва баҳои замин;
- мониторинги замин – мушоҳидаи мунтазами ҳолати заминҳо ҷиҳати ошкоркунӣ ва арзёбии тағйирот, инчунин таҳияи чорабиниҳо бо мақсади пешгирии равандҳои манфӣ;
- барўйхатгирии заминҳо – маҷмўи чорабиниҳои заминсозӣ, ки барои ошкор ва муайян кардани маълумот дар бораи қитъаҳои замин бо мақсади баҳисобгирии давлатии заминҳо ва пешбурди кадастри давлатии замин гузаронида мешаванд  (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1343);
- экспертизаи ҳуҷҷатҳои заминсозӣ – фаъолияте, ки ба воситаи таҳқиқ, санҷиш ва арзёбии ҳуҷҷатҳои экспертизашаванда бо мақсади муайян намудани мутобиқати онҳо ба талаботи қонунгузорӣ, стандартҳо, меъёрҳо ва қоидаҳои муқарраршуда, инчунин таҳияи хулоса оид ба ин ҳуҷҷатҳо амалӣ карда мешавад (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1343);
- истифодаи пурраи заминҳо – аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ истифодаи пурраи қитъаҳои замин, ки ба онҳо мувофиқи  тартиби муқарраршуда дода шудааст;
- истифодаи оқилонаи замин – истифодаи қитъаи замин,  ки дар натиҷаи он маҳсулнокии қабати ҳосилхезии хок паст намегардад;
- истифодаи самараноки замин – истифодаи қитъаи замин бо мақсади ба даст овардани натиҷаи фоидаовари иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ.
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи заминсозӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи заминсозӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта,  аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1760).
               
Моддаи 3. Таъиноти заминсозӣ
Заминсозӣ татбиқи амалҳои зеринро таъмин мекунад:
- ташкил ва такмили муносибатҳо оид ба истифодаи замин;
(хориҷ карда шуд ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1760)
- муайянкунии дурнамои истифодаи пурра, оқилона ва самараноки заминҳо, ҳифзи заминҳо;
- ташкили заминистифодабарии нав ва танзими заминистифодабарии мавҷуда;
- тартибдиҳии нақшаҳои қитъаҳои замин;
- таҳияи ҳуҷҷатҳо оид ба тақсимкунӣ ва азнавтақсимкунии заминҳо ба гурўҳҳо ва намудҳо;
-ташкили фондҳои махсуси заминва захираи заминҳои ноҳия (шаҳр) (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1343);
- омода намудани парвандаҳои заминсозӣ дар асоси дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1343);
- лоиҳакашӣ ва муайянкунии сарҳадҳои воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, маҳалҳои аҳолинишин ва заминистифодабарандагон (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1760);
- бо аломатҳои муқаррарнамудаи марзӣ мустаҳкам кардани сарҳадҳои воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ,  маҳалҳои аҳолинишин ва заминистифодабарандагон (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1760);
  • гирифтани маълумот оид ба ҳолат, миқдор ва сифати заминҳо;
- таҳияи лоиҳаҳои байнихоҷагӣ ва дохилихоҷагии ҳудуди заминистифодабарӣ;
- тайёр намудани ҳуҷҷатҳои заминсозӣ,  ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои қабул намудани қарори дахлдор оид ба идораи захираҳои замин, инчунин барои бақайдгирии давлатии ҳуқуқ ба замин зарур мебошад.
 
  Моддаи 4. Принсипҳои заминсозӣ
Заминсозӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- таъмини заминистифодабарии устувор;
- мувофиқати манфиатҳои иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зист;
- афзалият додан ба заминистифодабарии кишоварзӣ;
- самаранокии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии ташкили ҳудудҳо;
- муҳайё сохтани шароит барои шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ; таъмини яклухтии қитъаҳои замин ҳангоми ташкили заминистифодабарии нав;
- ошкорбаёнӣ дар гузаронидан ва ташвиқи чорабиниҳои заминсозӣ (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1760).
 
  Моддаи 5. Мақсад ва вазифаҳои заминсозӣ (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1760)
Мақсади заминсозӣ аз таъмини истифодаи пурра, оқилона ва самараноки замин, фароҳам овардани шароити мусоиди экологӣ ва беҳдошти манзараҳои табиӣ иборат мебошад (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1760).
Чорабиниҳо ва корҳои заминсозӣ дар ҳама гурўҳҳои замин новобаста аз таъиноташон бо мақсадҳои зерин гузаронида мешаванд:
- таҳияи барномаҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавии истифода ва ҳифзи заминҳо;
 - марзакашии заминҳо бо мақсади муайянкунӣ, барқарор ва муқаррар намудани сарҳадҳои воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, маҳалҳои аҳолинишин, заминистифодабарандагон ва мустаҳкам намудани хати сарҳад бо аломатҳои марзии намунаи муқарраршуда (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1760);
- тартибдиҳии лоиҳаҳои заминистифодабарии нав ва танзими заминистифодабарии мавҷуда;
- таҳияи лоиҳаҳои заминсозии дохилихоҷагӣ, байнихоҷагӣ ва дигар лоиҳаҳо оид ба истифода ва ҳифзи заминҳо;
- муқаррар намудани сарҳади ҳудудҳое, ки дорои низоми махсуси истифода мебошанд;
- амалӣ намудани корҳои таҳқиқотии топографӣ, геодезӣ, харитасозӣ, агрокимиёвӣ, геоботаникӣ ва таҳқиқоти дигари хок;
- гузаронидани барўйхатгирии заминҳо ва ошкоркунии мунтазами заминҳои истифоданашуда, ғайриоқилона истифодашаванда ва заминҳое,  ки мувофиқи мақсади муайяншуда истифода нагардиданд;
- тартиб додани нақшаҳо, харитаҳои кадастрӣ, мавзўӣ, атласҳои ҳолат ва истифодаи заминҳо;
- гузаронидани баҳодиҳии заминҳо;
- гирифтан, додан ва вобастакунии қитъаҳои замин (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1343);
- тағйирёбии таъиноти мақсадноки қитъаҳои замин ва ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо дар истифодаи заминҳо;
- муайян ва пешгирӣ кардани замин аз харобшавӣ, вайроншавӣ ва аз дигар оқибатҳои номусоид;
- аз як гурўҳ ба гурўҳи дигар ва аз як намуд ба намуди дигар гузаронидани заминҳо;
- дигар ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.
Заминсозӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин ва мақомоти маҳаллии он, инчунин ташкилотҳои соҳавии он ва дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо тартиби муқарраргардида гузаронида мешавад (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1343).
 
Моддаи 6. Асосҳо барои гузаронидани корҳои заминсозӣ
Заминсозӣ ҷиҳати иҷрои мақсадҳои дар моддаи 5 Қонуни мазкур зикршуда дар асосҳои зерин гузаронида мешавад:
- қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1343);
  • аризаи (дархости) шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
  • қарорҳои судӣ.
 
Моддаи 7. Маълумот оид ба заминсозӣ
Маълумот оид ба заминсозӣ, ба истиснои маълумоте, ки ба сирри давлатӣ мансубанд, хусусияти ошкоро доранд.
Мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин ва мақомоти маҳаллии он  мувофиқи тартиби муайяншуда маълумоти заминсозии мавҷудбударо ба шахсони воқеӣ дар асоси ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва аризаи онҳо ва ба шахсони ҳуқуқӣ дар асоси дархости хаттии онҳо медиҳанд (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1343).
Маълумоти заминсозӣ инчунин бо роҳи таъмини дохилшавии фосилавӣ (дистансионӣ), ки дар ҳомили электронӣ (магнитӣ) бурда мешавад, пешниҳод мегардад.
Маълумоти заминсозӣ бо пардохти маблағ пешниҳод карда мешавад. Тартиб ва андозаи пардохти маблағ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Маълумоти заминсозӣ ройгон ба мақомоти давлатӣ ҳангоми иҷрои вазифаи хизматиашон пешниҳод карда мешавад (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1343).
Маълумоти заминсозӣ ё рад кардани пешниҳоди маълумот бояд дар мўҳлати то 3-рўз аз лаҳзаи муроҷиат ба мақомоти заминсозӣ ба тариқи хаттӣ пешниҳод карда шавад.
Маълумот оид ба заминсозӣ, ки ба молу мулки ғайриманқул тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» пешниҳод карда мешавад (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1343).
 
БОБИ II
ИДОРАКУНИИ ФАЪОЛИЯТИ ЗАМИНСОЗӢ
 
Моддаи 8. Идоракунии давлатии заминсозӣ
Идоракунии давлатии заминсозӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ анҷом дода мешавад (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1343).
Муқаррар намудани заминаҳои асосии заминсозӣ, таъмини маблағгузорӣ ва ташкили гузаронидани заминсозӣ мутобиқи барномаҳои ҷумҳуриявӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба идораи захираҳои замин дар доираи салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1343).
Гузаронидани сиёсати ягона ва назорати давлатӣ оид ба корҳои  заминсозӣ, қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба заминсозӣ, маблағгузорӣ, ташкил ва татбиқи заминсозӣ дар ҳамаи заминҳо, қабули корҳои заминсозӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти маҳаллии заминсозӣ ба мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин вогузор карда мешавад (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1343).
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ корҳои заминсозиро дар заминҳои дар ихтиёри онҳо буда мутобиқи Қонуни мазкур ташкил ва татбиқ менамоянд.
 
Моддаи 9. Иштирокчиёни муносибатҳои заминсозӣ
Иштирокчиёни муносибатҳои заминсозӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин, ташкилотҳо ва мақомоти маҳаллии он, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки бо тартиби муқарраргардида корҳои заминсозиро анҷом медиҳанд, заминистифодабарандагон, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ,  ки ба гузаронидани корҳои заминсозӣ манфиатдоранд ё гузаронидани корҳои мазкур ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳоро маҳдуд намудааст, ба шумор мераванд (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1343).
Фармоишгарони корҳои заминсозӣ шахсоне ҳисобида мешаванд,  ки ба гузаронидани корҳои мазкур манфиатдоранд ва маблағгузории онро таъмин мекунанд.
(Хориљ карда шуд бо ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1343).
Иҷрокунандаи корҳои заминсозӣ ва таҳиягари ҳуҷҷатҳои заминсозӣ мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба заминсозӣ ва мақомоти маҳаллии он ба шумор мераванд. Мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин барои иҷрои корҳои заминсозӣ метавонад ташкилотҳои соҳавиро дар асоси шартнома ҷалб намояд (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1343).
Муносибатҳо байни фармоишгар ва таҳиягари ҳуҷҷатҳои заминсозӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартномаҳо танзим карда мешавад.
Фармоишгар ҳуқуқ дорад ҷараёни иҷроиш ва сифати корҳои заминсозиро назорат намояд ва ҳангоми зарурат мувофиқи тартиби муқарраршуда экспертизаи онҳоро ба роҳ монад (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1343).
 
Моддаи 10. Ӯҳдадориҳо ҳангоми иҷрои корҳои заминсозӣ
Таҳиягарони ҳуҷҷатҳои заминсозӣ зимни фаъолияти худ ўҳдадор мебошанд (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1760):
- фаъолияти худро мутобиқи талаботи Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои қабулкардаи мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин ҷиҳати танзими корҳои заминсозӣ ба роҳ монанд (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1343);
- корҳои заминсозиро бо иштироки шахсони манфиатдор гузаронида, ҳуҷҷатҳои заминсозиро бо онҳо мувофиқа намоянд;
- ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони сеюмро, ки иҷрои корҳои заминсозӣ ба онҳо маҳдудият меорад, таъмин намоянд;
- ҳуҷҷатҳои махфии заминсозиро ҳангоми иҷрои корҳои заминсозӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намоянд;
- ҳуҷҷатҳои заминсозиро босифат ва дақиқ таҳия намоянд;
- ҳангоми таҳияи чорабиниҳои заминсозӣ ба бартарии ҳифзи муҳити зист нисбат ба заруриятҳои иқтисодии истифодаи замин аҳамият диҳанд.
 
Моддаи 11. Ҳуқуқҳо ҳангоми иҷрои корҳои заминсозӣ
Таҳиягарони ҳуҷҷатҳои заминсозӣ ҳуқуқ доранд:
- назорати муаллифиро мутобиқи  тартиби муайянкардаи мақоми мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин ба роҳ монанд (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1343);
- аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ,  ки дар заминистифодабарии онҳо корҳои заминсозӣ гузаронида мешавад, ҳуҷҷатҳои барои корҳои заминсозӣ заруриро талаб намоянд;
- барои иштироки шахсони манфиатдор дар корҳои заминсозӣ дархост пешниҳод намоянд;
- ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақоми болоии худ ва ё мақомоти ҳифзи табиат оид ба боздоштани татбиқи чорабиниҳое, ки бидуни риояи ҳуҷҷати тасдиқшудаи заминсозӣ иҷро мегарданд ва боиси истифодаи ғайримақсаднок, бад шудани ҳолати заминҳо ва муҳити зист мегардад, муроҷиат намоянд.
Шахсони манфиатдор ҳуқуқ доранд:
- дар муҳокимаи масъалаҳои заминсозӣ иштирок намуда, оид ба ҷараёни корҳои заминсозӣ ва натиҷаи он,  ки  ба манфиатҳои онҳо халал ворид мекунад, маълумот гиранд;
- дар ҳолати норозӣ будан аз корҳои заминсозӣ, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳоро маҳдуд менамояд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд муроҷиат намоянд;
 
 
Моддаи 12. Маблағгузории заминсозӣ
Чорабиниҳо ва корҳои заминсозӣ аз ҳисоби манбаъҳои зерин маблағгузорӣ карда мешаванд:
- маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ;
- маблағҳои буҷети маҳаллӣ;
- маблағҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
 
Моддаи 13. Ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва техникии заминсозӣ
Ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва техникии заминсозӣ тартиби ташкил ва иҷрои корҳои заминсозӣ, талабот ба он, меъёрҳо ва қоидаҳои иҷрои онҳоро муқаррар менамоянд.
Ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва техникӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин таҳия карда шуда, дар доираи салоҳияташ тасдиқ карда мешаванд (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1343).
Ҳуҷҷатҳое, ки тасдиқи онҳо ба салоҳияти мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин дохил намешаванд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегарданд (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1343).
Ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва техникии заминсозӣ барои танзими давлатии фаъолияти заминсозӣ таъин гардида, иҷрои меъёрҳои онҳо барои ҳамаи иштирокчиёни корҳои заминсозӣ ҳатмӣ мебошанд.
Ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва техникӣ қоидаҳои иҷрои корҳои заминсозӣ, гузаронидани экспертизаи корҳои заминсозӣ, назорати муаллифӣ, супоришҳои техникӣ ва дигар фаъолияти заминсозиро таъмин намуда, барои ҳалли масъалаҳои баҳснок низ асос шуда метавонанд (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1343).
 
Моддаи 14. Назорати давлатии заминсозӣ ва вазифаҳои он
Вазифаҳои асосии назорати давлатӣ дар соҳаи заминсозӣ иборат аст:
- таъмини риояи Қонуни мазкур;
- таъмини риояи меъёрҳои муайянгардида, қоидаҳо, дастурамалҳо, супоришҳои техникӣ, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва техникӣ дар соҳаи заминсозӣ;
- таъмини иҷрои чорабиниҳое,  ки дар ҳуҷҷатҳои заминсозӣ муайян карда шудааст.
Назорати давлатӣ ба гузаронидани корҳои заминсозӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин ва мақомоти он дар маҳалҳо анҷом дода мешавад (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1343).
 
БОБИ III
НАМУДҲО ВА КОРҲОИ ЗАМИНСОЗӢ
 
Моддаи 15. Намудҳои заминсозӣ
Заминсозӣ аз намудҳои зерин иборат мебошад:
  • заминсозии дохилихоҷагӣ;
  • заминсозии байнихоҷагӣ.
  •  
Моддаи 16. Намудҳои корҳо оид ба омўзиши ҳолати  заминҳо
Омўзиши ҳолати заминҳо бо роҳи гузаронидани корҳои кадастри заминҳо, мониторинги заминҳо ва корҳои таҳқиқотӣ бо мақсади аниқ намудани миқдори заминҳо, сифат ва баҳои он, инчунин таҳияи чорабиниҳо ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати заминҳо ва дурнамои истифодаи заминҳо амалӣ карда мешавад (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1760).
Корҳо оид ба омўзиши ҳолати заминҳо намудҳои асосии зеринро дарбар мегиранд (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1760):
- таҳқиқотҳои топографию геодезӣ ва харитасозӣ;
- таҳқиқоти агрокимиёвӣ, геоботаникӣ ва таҳқиқоти дигари хок;
- барўйхатгирии заминҳо;
- тартиб додани харитаҳои  махсуси мавзўӣ.
Давраи азнавкунии маводи таҳқиқотҳои топографӣ, геодезӣ, харитасозӣ, омўзиши агрокимиёвӣ, геоботаникӣ ва дигари хок аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин муайян карда мешавад (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1343).
 
Моддаи 17. Корҳои топографию геодезӣ ва харитасозӣ
Маводи корҳои топографию геодезӣ ва харитасозӣ маводи асосии нақшавӣ ва харитавӣ барои тартиб додани лоиҳаҳои заминсозӣ нақшаи дурнамои заминсозӣ буда, барои гузаронидани ҳисоботи давлатии заминҳо, барўйхатгирӣ, таҳқиқоти агрокимиёвӣ, геоботаникӣ ва дигари хок, таъсиси заминистифодабарии нав, танзими заминистифодабарии мавҷуда, муайян ва мустаҳкам кардани сарҳадҳо, ҷудо намудани заминҳо барои ҳар гуна эҳтиёҷот, анҷом додани баҳодиҳӣ ва мониторинги заминҳо, тартиб додани харитаҳои махсуси мавзўӣ ва дигар намуди корҳои заминсозӣ асос мебошанд.
Миқёси нақшаҳо ва харитаҳо вобаста аз мақсади муайяни истифодаи онҳо таҳия карда мешавад.
 
Моддаи 18. Таҳқиқоти агрокимиёвӣ, геоботаникӣ ва дигари хок
Таҳқиқоти агрокимиёвӣ, геоботаникӣ ва дигари хок, корҳои тадқиқотӣ дар ҳама гурўҳҳои заминҳо бо мақсади гирифтани маълумот оид ба сифати заминҳо, инчунин муайян кардани заминҳое,  ки ба онҳо хатари эрозия ва дигар ҳодисаҳои манфӣ таҳдид мекунад, гузаронида мешавад.
Маълумоти гирифташуда барои арзёбии ҳолати заминҳо ва қабули қарор аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба барқарорсозии заминҳо, боздоштан ва ё ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо дар истифодаи заминҳо, барқароркунӣ, ҳифз ва баланд бардоштани ҳосилхезии хок, инчунин таҳияи чорабиниҳо ҷиҳати истифодаи оқилонаи заминҳо ва беҳдошти муҳити зист истифода мешаванд (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1760).
 
Моддаи 19. Барўйхатгирии заминҳо
Барўйхатгирии заминҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин, ташкилотҳо ва мақомоти маҳаллии он, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин бо дархости заминистифодабарандагон гузаронида мешавад (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1343).
Барўйхатгирии заминҳо бо мақсади аниқ ё муайян кардани мавзеи ҷойгиршавӣ,  андоза, сарҳад (бидуни нишонагузорӣ), вазъи ҳуқуқии заминистифодабарӣ,  ошкор кардани заминҳои истифоданашаванда, ғайриоқилона истифодашуда, мувофиқи таъиноти муайяншуда истифоданашуда, дигар хусусиятҳои миқдорию сифатии заминҳо,  ки дар ҳуҷҷатҳои кадастрӣ инъикос ёфтаанд, инчунин барои татбиқи назорати давлатии истифода ва ҳифзи онҳо гузаронида мешавад.
Вобаста ба мақсади гузошташуда барўйхатгирии мақсадноки заминҳо гузаронида мешавад (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1343).
Барўйхатгирии заминҳо дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама гурўҳҳои заминҳо, новобаста аз шакли истифодаи заминҳо гузаронида мешавад (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1343; аз 29.01.2021с., №1760).
Барўйхатгирии мақсаднок дар гурўҳ ва намудҳои алоҳидаи заминҳо, дар воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва  заминистифодабарандаи алоҳида гузаронида мешавад (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1760).
Ҳангоми барўйхатгирии мақсаднок маълумот дар бораи ҳолат ва истифодаи заминҳо метавонад аз рўи тамоми хусусиятҳо ё хусусиятҳои алоҳида, ки дар қисми дуюми ҳамин модда зикр гардидаанд, аниқ ё муайян шаванд.
 
Моддаи 20. Харитаҳои махсуси мавзўӣ 
Харитаи махсуси мавзўӣ харитае мебошад,  ки дар он чорабинии  дорои мавзўи  муайян инъикос мегардад.
Харитаҳои махсуси мавзўӣ бо мақсади дар онҳо инъикос намудани корҳо оид ба ҳолат ва истифодаи заминҳо, истифодаи оқилона ва ҳифзи онҳо, дурнамои истифодаи заминҳо, маълумоти геоботаникии  чарогоҳҳо ва заминҳои алафзор, маълумоти минтақабандӣ ва ноҳиябандии иқлимии заминҳо, истифодаи захираҳои замин ва дигар корҳои заминсозӣ дар алоҳидагӣ тартиб дода мешаванд (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1760).
 
Моддаи 21. Корҳои банақшагирии истифодаи заминҳо 
Банақшагирии истифодаи заминҳо бо мақсади муайян кардани дурнамои истифодаи кўтоҳмуддат ва дарозмуддати заминҳо таҳия карда мешавад.
Корҳо оид ба банақшагирӣ, азнавтақсимкунии заминҳо бо назардошти талаботи кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал, тараққиёти шаҳру шаҳракҳо, бунёди маҳалҳои аҳолинишини деҳот, тартиб ва давраи ҷойгиркунии онҳо, рушди саноат, соҳаи истиҳроҷи маъдан ва соҳаҳои дигарро пешбинӣ намуда, танзими ҳудудии заминҳои таъиноти ҳифзи табиат, мамнўъгоҳҳо, заминҳои таъиноти солимгардонию осори таърихию фарҳангӣ ва дигар заминҳоро дарбар мегирад (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1760).
(Хориљ карда шуд бо ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1343).
 
Моддаи 22. Ташкили истифодаи оқилона ва ҳифзи заминҳо
Ташкили истифодаи оқилона ва ҳифзи заминҳо яке аз тадбирҳои асосӣ ба шумор рафта,  амалигардонии чораҳои зеринро дарбар мегирад (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1760):
- ташкили заминистифодабарӣ бо риояи талаботи ҳифзи муҳити зист;
- яклухт ҷудо кардани заминҳо;
- фароҳам овардани шароитҳои мусоиди ҳудудӣ барои пешбурди фаъолияти хоҷагидорӣ;
- банақшагирии ҷудо кардани заминҳо барои эҳтиёҷоти ҳозира ва ояндаи шаҳрҳо, шаҳракҳо ва кашонидани қабати ҳосилхези заминҳое,  ки дар онҳо сохтмон ба нақша гирифта шудааст, ба заминҳои камҳосили кишоварзӣ;
- вобаста ба масоҳат ва андозаи заминҳо шинондани ниҳолҳои муҳофизаткунанда ҷиҳати ҳифз аз бодлесшавӣ (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1760);
- пешбинӣ ва иҷрои чорабиниҳо оид ба ҳифзи заминҳо аз шусташавӣ (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1760).
 
Моддаи 23. Хусусиятҳои банақшагирии истифодаи заминҳо дар шаҳрҳо
 ва дигар маҳалҳои аҳолинишин
Банақшагирии истифодаи оқилона ва ҳифзи заминҳо дар шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин дар алоқамандӣ бо татбиқи фаъолияти шаҳрсозӣ гузаронида мешавад.
Чорабинии мазкур аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ таҳия ва амалӣ карда мешавад (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1760).
Хангоми банақшагирии истифода ва ҳифзи заминҳо нақшаи кулли тараққиёти шаҳр ва дигар нақшаҳои тараққиёти маҳалҳои аҳолинишин ҳамчун асос ба инобат гирифта мешавад. Ҳуҷҷатҳои заминсозӣ ва шаҳрсозии самтҳои дахлдор бо ҳамдигар мувофиқа карда шуда, якдигарро пурра мекунанд. Нақшаи заминистифодабарии шаҳр ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, чун қоида бо нақшаи кулли тараққиёти шаҳр ва дигар нақшаҳои тараққиёти  маҳалҳои аҳолинишин ҳамзамон таҳия карда мешавад.
Дар шаҳр ва дигар маҳалҳои аҳолинишин қитъаҳои замине,  ки  дар онҳо мувофиқи нақшаи тараққиёт сохтмон ба нақша гирифта нашудааст ва барои эҳтиёҷоти дигари шаҳр, маҳалли аҳолинишин пешбинӣ шудаанд,  инчунин қитъаҳои замине,  ки барои сохтмон пешбинӣ шуда, муваққатан дар онҳо сохтмони биною иншоотҳо амалӣ нашудаанд, онҳо барои истифодаи оқилона ва мақсадноки минбаъда, таъин карда мешаванд.
 
Моддаи 24. Намудҳои корҳои заминсозии байнихоҷагӣ 
Заминсозии байнихоҷагӣ дар ҳама гурўҳ ва намудҳои заминҳо бо мақсади фароҳам овардани шароити мувофиқи ҳудудӣ барои фаъолияти ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ, ташкил ва такмили  системаи оқилонаи заминистифодабарӣ ва баҳснопазирии муайян намудани воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, фондҳои махсуси замин, инчунин муайян намудани заминҳои дорои низоми махсуси истифодабарӣ гузаронида мешавад (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1760).
Заминсозии байнихоҷагӣ корҳои зеринро дарбар мегирад:
- тартиб додани лоиҳаҳои бунёди объектҳои нави заминсозӣ ва танзими объектҳои  мавҷуда;
  • ташкили заминистифодабарӣ;
- марзакашии заминҳо.
 
Моддаи 25. Тартибдиҳии лоиҳаҳои бунёди объектҳои нав ва танзими объектҳои
 мавҷудаи заминсозӣ
Тартибдиҳии лоиҳаҳои бунёди объектҳои нав ва танзими объектҳои мавҷудаи заминсозӣ дар ҳолатҳои зерин гузаронида мешавад:
- тағйири сарҳади объектҳои заминсозӣ (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1760);
- азнавтақсимкунии заминҳо;
- таҷдиди ташкилотҳо, аз ҷумла ташкилотҳои кишоварзӣ;
- ҷудо кардани заминҳо ва муттаҳид кардани заминистифодабарӣ;
- бартараф кардани порчадармиёнӣ, резагӣ, дурзаминӣ, шикастагии сарҳад дар зиминистифодабарӣ,  инчунин аз нигоҳи ҳифзи муҳити зист мувофиқи мақсад набудани  ҷойгиршавии он;
- дигар ҳолатҳое,  ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Ҳангоми таҳияи лоиҳаҳои бунёди объектҳои нав танзими объектҳои мавҷудаи заминсозӣ бо истифода аз ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо чунин нишондиҳандаҳо муайян карда мешаванд:
- андоза ва ҳудуди объекти заминсозӣ бо назардошти таъиноти он, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, тараққиёти сохторҳои муҳандисиву иҷтимоӣ;
- сарҳадҳои заминҳои дорои низоми махсуси истифода ва заминҳое,  ки дар онҳо маҳдудиятҳо муқаррар карда шудааст;
- тартиб ва шарту мўҳлатҳои гузаштан ба истифодаи қитъаҳои замин бо сарҳадҳои нав.
               
Моддаи 26. Ташкили заминистифодабарӣ 
Ташкили заминистифодабарӣ дар ҳолатҳои зерин татбиқ карда мешавад:
- додан ва вобастакунии қитъаҳои замин ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- гирифтани қитъаҳои замин аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ;
- ҳангоми азнавташкилдиҳии заминистифодабаранда;
- ҳангоми пайдоиши ҳуқуқ ва аз як шахс ба шахси дигар гузаштани ҳуқуқи истифодаи замин.
Ҳангоми ташкили заминистифодабарӣ бояд қитъаи замин тарзе ҷудо карда шавад,  ки дорои хусусиятҳои хоси ба он мансуб: масоҳати дақиқ, мавзеи ҷойгиршавӣ, сарҳади баҳснопазир ва дар ҳолатҳои зарурӣ дорои координатҳои нуқтаҳои гардиш бошад.
Ташкил ва андозаи заминистифодабарӣ бо истифода аз ҳуҷҷатҳои заминсозӣ ва шарҳсозӣ барои эҳтиёҷот гуногун бо риояи меъёру қоидаҳои заминсозӣ, шаҳрсозӣ, санитарӣ, зидди сўхтор, ҳифзи муҳити зист ва дигар меъёру қоидаҳо муқаррар ва аниқ карда мешавад.
Ба сарҳади заминистифодабарӣ майдонҳое,  ки объектҳои молу мулки ғайриманқулро бевосита ишғол намудаанд, дохил карда шуда, ҷойгиршавии онҳо дар нақша ва харитаҳои кадастрӣ нишон дода мешаванд. Ҳамзамон заминҳое, ки истифодаашон маҳдуд карда шудааст, сарҳади онҳо низ муайян карда мешавад.
Ҳангоми ташкили заминистифодабарӣ парвандаи заминсозӣ тайёр карда мешавад,  ки дар он нақшаи қитъаи замин тартиб дода мешавад. Барои ҳар як заминистифодабарии мавҷуда ва навташкилшуда нақшаи қитъаи замин тайёр карда мешавад.
Нақшаи қитъаи замин бо истифода аз маводи мавҷудаи нақшавӣ, харитавӣ ва муайян кардани координатҳои нуқтаҳои сарҳади қитъаи замин бо усулҳои графикӣ, аналогӣ ва дигар усулҳо аз маводи зерин тайёр карда мешавад:
- аз маводи тадқиқоти фазоӣ;
- аз натиҷаҳои ченкунӣ ҳангоми аксбардории қитъаи замин дар маҳал  ё марзакашии заминҳо.
Нақшаи ҳудуди қитъаи замини шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба харитаи кадастрии дахлдор ворид карда шуда, ба он рақами кадастрӣ дода мешавад.
Талаботи техникии таҳия ва барасмиятдадории нақшаи қитъаи замин аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин муайян карда мешавад (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1343).
 
Моддаи 27. Марзакашии заминҳо
Марзакашии заминҳо бо мақсади дар маҳал дақиқ муайян кардани мавқеи сарҳади қитъаҳои замин,  ки дар маводи нақшавӣ ва харитавӣ инъикос ёфтааст, гузаронида мешавад.
Марзакашии заминҳо дар асоси ҳуҷҷатҳои заминсозӣ ва шаҳрсозӣ, ки дар қисмати нақшавии онҳо сарҳадҳои лоиҳавӣ, мавқеи аломатҳои марзӣ ва маълумоти ибтидоии геодезӣ барои муайян кардани мавзеи ҷойгиршавии нуқтаҳои гардиши сарҳади қитъаи замин дар маҳал зарурбуда нишон дода мешаванд, амалӣ карда мешавад.
Марзакашии заминҳо инчунин бо усулҳои геодезӣ, аэрофотогеодезӣ (аксбардории геодезии фазоӣ) ва дигар усулу воситаҳое,  ки саҳеҳии зарурии мутобиқати координатҳои нуқтаҳои гардиши сарҳад ва андозаи сарҳади қитъаи заминро таъмин мекунад, гузаронида мешавад.
Ҳуҷҷатҳои заминсозӣ оид ба марзакашии шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин дар таркиби лоиҳаҳои банақшагирии ҳудуд ва як қисми заминҳои шаҳр, дигар маҳалҳои аҳолинишин, дар лоиҳаҳои сохтмони маҳаллаҳо ва дигар таркибҳои сохторӣ таҳия шуда, барои муайян ва муқаррар кардани сарҳади қитъаҳои замин дар маҳал асос ба ҳисоб мераванд.
Сарҳадҳои қитъаҳои замин дар маҳал бо аломатҳои марзии намунаи муқарраршуда нишон дода шуда, мустаҳкам карда мешаванд. Муқарраркунии сарҳади қитъаҳои замин бидуни гузоштани аломатҳои марзӣ дар ҳолатҳои мувофиқати хати сарҳад бо иншоотҳои табииву сунъӣ (дарёҳо,  канал, ҷўйҳо, хати дарахтони муҳофизатӣ, роҳҳо, деворҳо, панҷараҳо, иморатҳо ва дигар хати иншоотҳои ҳудудӣ) мумкин аст.
Аломатҳои марзӣ аз ҷониби давлат ҳифз карда мешаванд.
Пойгоҳҳои шабакаи марзӣ бо аломатҳои дарозмўҳлати марзии намунаи муқарраршуда муайян карда мешаванд.
Координатҳои нуқтаҳои пойгоҳҳои шабакаи марзӣ аз рўи системаи байналмилалии координатҳо ё системаи координатҳои маҳаллӣ муайян мегарданд.
Гузаришро ба ин ё он системаи координатҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Нуқтаҳои пойгоҳҳои шабакаи марзӣ моликияти давлатӣ буда, барои ҳифз ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва заминистифодабарандагон,  ки пойгоҳҳо дар ҳудуди онҳо ҷойгиранд, супорида мешаванд.
Нуқтаҳои пойгоҳҳои шабакаи марзӣ дар харитаи дахлдори кадастрии замин нишон дода шуда, ба фонди давлатии ҳуҷҷатҳои заминсозӣ супорида мешаванд.
Вайрон ва барқароркунии нуқтаҳои пойгоҳҳои  гумшудаи  шабакаи марзӣ ва аломатҳои марзӣ бо иҷозати мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин гузаронида мешавад (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1343).
Тартиби марзакашии заминҳо, назорати риояи талаботи техникии марзакашии заминҳо, ҳифзи нуқтаҳои пойгоҳҳои шабакаи марзӣ ва аломатҳои марзӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин татбиқ карда мешавад (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1343).
 
Моддаи 28. Намудҳои корҳои заминсозии дохилихоҷагӣ
Заминсозии дохилихоҷагӣ бо мақсади ташкили ҳудуди ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ дар сарҳадҳои заминистифодабарии онҳо гузаронида мешавад.
Заминсозии дохилихоҷагӣ ба пешбурди самараноки истеҳсолоти кишоварзӣ, истифодаи пурра, оқилона ва самараноки заминҳо, фароҳам овардани шароитҳои мусоиди ҳифзи муҳити зист ва беҳдошти манзараҳои табиӣ равона карда мешавад (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1760).
Заминсозии дохилихоҷагӣ корҳои зеринро дарбар мегирад:
- ташкили дохилихоҷагии ҳудуди хоҷагиҳои деҳқонӣ, ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ;
- таҳияи лоиҳаҳо барои тадбирҳои истифодаи пурра, оқилона ва самараноки заминҳо, ҳифзи хок аз бодлесшавӣ ва шусташавӣ, азхуд намудани заминҳои нав, бунёди дарахтони бисёрсола, киштгардон ва дигар тадбирҳо ҷиҳати беҳ намудани ҳолати заминҳо (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1760).
Пешниҳодҳо оид ба ташкил ва ҷойгиркунии воҳидҳои истеҳсолии ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ, ба онҳо вобаста намудани киштзорҳои кишоварзӣ, истифодаи оқилонаи заминҳои корам,  киштгардон, бунёди боғҳои нав, беҳ намудани ҳолати заминҳои алафдарав, истифодаи бонавбати чарогоҳҳо ҳангоми заминсозии дохилихоҷагӣ аввалан дар сатҳи техникӣ таҳия шуда, дар асоси лоиҳаи заминсозии дохилихоҷагии тасдиқшуда татбиқ карда мешаванд.
 
Моддаи 29. Талабот ҳангоми гузаронидани заминсозии
 дохилихоҷагӣ 
Ҳангоми гузаронидани заминсозии дохилихоҷагӣ чунин талабот риоя карда мешавад:
- мутобиқ будани ҳудуди хоҷагӣ ба миқдор ва сифати заминҳо, мавҷудияти қувваи корӣ, захираҳои моддӣ, соҳаи истеҳсолот, ҳаҷми мувофиқи истеҳсоли маҳсулот;
- мўътадилии ташкили ҳудуди хоҷагӣ;
- имконпазирии ҷойгиркунӣ ва истифодаи воҳидҳои истеҳсолӣ, сохтори муҳандисӣ ва системаи мелиоративӣ;
- ҳифзи заминҳои пурарзиши кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилхезии заминҳо (хок) ва ҳифзи муҳити зист;
- алоқамандии мувофиқ байни сокинон бо марказҳои истеҳсолӣ ва ҳудуди ба хизматрасонӣ фарогирифташуда, ҷойгиркунӣ ва ташкили истеҳсолот.
 
БОБИ IV
ҲУҶҶАТҲОИ ЗАМИНСОЗӢ
 
Моддаи 30. Намудҳои ҳуҷҷатҳои заминсозӣ
Вобаста аз намуди корҳои заминсозӣ ба ҳар як объекти заминсозӣ ҳуҷҷати заминсозӣ дар шакли чорабинӣ, барнома,  нақша, лоиҳа, харитаи мавзўӣ, маводи таҳқиқотиву ҷустуҷўӣ таҳия шуда, дар заминаи онҳо парвандаи заминсозӣ тартиб дода мешавад (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1760).
Ба намудҳои асосии ҳуҷҷатҳои заминсозӣ дохил мешаванд:
 - нақшаҳои заминҳо аз рўи гурўҳҳо;
- маводи минтақабандӣ ва ноҳиябандии иқлимиву кишоварзии заминҳо, ҷойгир кардан ва муқаррар намудани мавзеъҳои махсус ҳифзшаванда;
- нақшаҳои заминсозии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, нақшаҳои ташкили фонди махсуси замин (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1760);
- лоиҳаи азнавтақсимкунии заминҳо, ташкили заминистифодабарии нав ва танзими заминистифодабарии мавҷуда, ташкили ҳудуди онҳо;
- мавод оид ба ташкили заминистифодабарӣ, марзакашӣ, тайёр кардани нақшаи қитъаи замин, муқаррар ва тағйир додани сарҳади маҳалҳои аҳолинишин;
- лоиҳаҳои барқарорсозии заминҳои вайроншуда, ҳифзи хок аз бодлесшавӣ ва шусташавӣ,  селҳо, обзеркунӣ, ботлоқшавӣ, хушкшавӣ, сахтшавӣ, шўршавӣ ва дигар падидаҳои номусоид, барқарорсозӣ пас аз вайроншавии заминҳо, боздоштани истифодаи заминҳо ҳангоми ифлосшавӣ бо партовҳои истеҳсолӣ, маводҳои радиоактивию кимиёвӣ, беҳдошти заминҳои кишоварзӣ, азхудкунии заминҳои нав, бунёди боғҳои нав, нигоҳдорӣ ва баланд бардоштани хосилхезии хок (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1760);
- маводи топографӣ- геодезӣ ва корҳои харитасозӣ, таҳқиқоти агрокимиёвӣ, геоботаникии хок ва дигар корҳои таҳқиқотӣ ва ҷустуҷўии заминсозӣ;
- харитаҳои заминҳо,  ки истифодаашон маҳдуд карда шудааст;
- мавод оид ба ошкор кардани заминҳои вайроншуда ва боздоштани киштзорҳои таназулёфта ва ифлосшуда;
- мавод оид ба барўйхатгирии заминҳо, мунтазам ошкор кардани заминҳои оқилона истифоданашаванда ё мувофиқи таъиноти мақсаднок истифоданашаванда;
- харитаҳои махсуси мавзўии ҳолат ва истифодаи заминҳо.
Ҳама гуна ҳуҷҷатҳои заминсозӣ аз маводи матниву нақшавӣ иборат аст.
 
Моддаи 31. Мувофиқаи ҳуҷҷатҳои заминсозӣ
Ҳуҷҷатҳои заминсозӣ,  ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин ва мақомоти маҳаллии он тайёр карда мешавад, бо заминистифодабарандагон, ки дар ҳудуди онҳо корҳои заминсозӣ гузаронида мешавад, бо мақомоти дахлдори меъморӣ, шаҳрсозӣ, дигар мақомоти дахлдор, инчунин бо шахсони сеюм,  ки корҳои заминсозӣ ба ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо дахл  дорад, мувофиқа карда мешавад (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1343).
Ҳуҷҷатҳои заминсозӣ дар ҳолатҳои дахлдор тибқи тартиби муқарранамудаи қонунгузории Ҷуҳурии Тоҷикистон таҳти экспертизаи экологӣ қарор дода мешавад.
 
Моддаи 32. Тасдиқи ҳуҷҷатҳои заминсозӣ
Ҳуҷҷатҳои заминсозӣ,  ки мувофиқи тартиби муқарраршуда таҳия ва мувофиқа шудаанд, аз ҷониби мақомоти зерин тасдиқ карда мешаванд:
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- ҳуҷҷатҳои заминсозие,  ки ба иҷрои корҳои дорои аҳамияти давлатӣ алоқамандӣ доранд;
- мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҳуҷҷатҳое, ки доир ба иҷрои корҳои заминсозии дар  заминҳои дар ихтиёри онҳо буда алоқаманданд (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1343).
Намуд ва  тартиби мувофиқаи ҳуҷҷатҳои заминсозиро мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин муайян ва муқаррар менамояд (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1343).
 
Моддаи 33. Парвандаи заминсозӣ
Ҳуҷҷатҳо оид ба иҷрои корҳои заминсозӣ барои ҳар як объекти заминсозӣ дар парвандаи заминсозӣ гирд оварда мешаванд.
Ба парвандаи заминсозӣ нусхаи аслии ҳама ҳуҷҷатҳое,  ки дар рафти корҳои омодагӣ, таҳқиқотӣ ва ҷустуҷўӣ таҳия гардидаанд, инчунин маводи харитавӣ, нақшаҳо, маводҳои мувофиқавӣ ва тасдиқӣ, дигар маводу маълумот дохил карда мешаванд.
Парвандаи заминсозӣ дар ду  нусха тартиб дода мешавад. Тартиби таҳия, истифодаи нусхаҳо ва нигоҳдории онро мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин муайян менамояд (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1343).
 
Моддаи 331. Экспертизаи ҳуҷҷатҳои заминсозӣ
Экспертизаи ҳуҷҷатҳои заминсозӣ бо мақсади таъмини мутобиқати ҳуҷҷатҳо ба маълумоти ибтидоӣ, шартҳои техникӣ, инчунин талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Тартиби гузаронидани экспертизаи ҳуҷҷатҳои заминсозиро мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои  вобаста ба замин муайян менамояд  (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1343).
 
Моддаи 34. Фонди давлатии ҳуҷҷатҳои заминсозӣ
Фонди давлатии ҳуҷҷатҳои заминсозӣ қисми таркибии Фонди давлатии маводи геодезӣ, харитасозӣ, заминсозӣ, кадастраи заминҳо ва дигар маводу маълумот оид ба ҳолат ва истифодаи заминҳои Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ,  ки аз ҳисоби худ ва аз ҳисоби маблағҳои фармоишгар ҳуҷҷатҳои заминсозиро таҳия намудаанд, ўҳдадоранд як нусха  аз ҳуҷҷатҳои таҳиянамудаашонро ба мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин ба воситаи мақомоти маҳаллии он супоранд (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1343).
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ўҳдадоранд:
- ҳифзи мавод ва ҳуҷҷатҳои заминсозиро,  ки муваққатан барои истифода гирифтаанд, таъмин намуда, дар мўҳлати муайяншуда баргардонанд;
- маълумоти маводу ҳуҷҷатҳоро, ки дорои сирри давлатӣ мебошанд, ошкор накунанд.
 
БОБИ V.
МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
 
Моддаи 35. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
               
Моддаи 36. Ҳалли баҳсҳо оид ба масъалаҳои заминсозӣ
Баҳсҳо миёни иштирокчиёни заминсозӣ аз ҷониби суд ҳал карда мешаванд.
 
Моддаи 37. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  12 майи соли 2001 «Дар бораи заминсозӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2001, №4, мод. 191, с. 2007, №5, мод. 366) аз эътибор соқит дониста шавад.
 
Моддаи 38. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                        Э. Раҳмонов
 
     ш. Душанбе
5 январи соли 2008
           №356