ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ СУДҲО

-A A +A
Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна Санаи интишор: Чшб, 11/08/2021 - 08:41
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1783
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
25.06.2021

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ СУДҲО

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳоро муқаррар  намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба он танзим менамояд.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

1) дастрасӣ ба иттилоот - ба даст овардани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур;

2) иттилоот оид ба фаъолияти судҳо - иттилооте, ки аз ҷониби судҳо дар доираи салоҳияташон омода карда шудаанд, санадҳои судӣ вобаста ба парвандаҳои мушаххас ва санадҳои дигаре, ки фаъолияти судҳоро танзим менамоянд;

3) судҳо - Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе, ки низоми ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд;

4) истифодабарандаи иттилоот - шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур иттилоот оид ба фаъолияти судҳоро дархост менамояд, ба даст меорад ва истифода мебарад;

5) санади судӣ - фармон, ҳалнома, ҳукм, таъинот ва қарор, ки бо тартиби мурофиаи судии конститутсионӣ, гражданӣ, оилавӣ, иқтисодӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, бароварда шудаанд.

Моддаи 2. Доираи амали Қонуни мазкур

1. Амали Қонуни мазкур ба муносибатҳое татбиқ мегардад, ки ба  дастрасии истифодабарандаи иттилоот оид ба фаъолияти судҳо вобастаанд.

2. Агар қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигари пешниҳоди иттилоотро пешбинӣ намояд, муқаррароти Қонуни мазкур бо назардошти талаботи он татбиқ мегарданд. 

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 4. Принсипҳои  дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо

Принсипҳои дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо аз инҳо иборатанд:

1) қонуният;

2) ошкоро ва дастрас будани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

3) саҳеҳ будани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо;

4) озодона ҷустуҷӯ кардан, дастрас  ва паҳн намудани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

5) риоя намудани ҳуқуқи шаҳрвандон ба дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ, сирри шахсӣ ва оилавӣ, ҳимояи шаъну шараф ва эътибори кории онҳо, сирри тиҷоратӣ, ҳуқуқҳои ташкилотҳо оид ба ҳифзи эътибори кории онҳо;

6) риоя намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии иштирокчиёни мурофиаи судӣ ҳангоми пешниҳоди иттилоот оид ба фаъолияти судҳо;

7) манъи дахолат ба фаъолияти судҳо ҳангоми дархост намудани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо.

Моддаи 5. Маҳдудиятҳои дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо

1. Дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо маҳдуд карда мешавад, агар иттилоот ба маълумоти дорои сирри давлатӣ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда мансуб бошад.

2. Номгӯй ва тартиби ба  иттилооти дастрасиашон маҳдуд мансуб донистани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

Моддаи 6. Тарзҳои дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо

Дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо бо тарзҳои зерин амалӣ карда мешавад:

1) иштироки шаҳрвандон ва намояндагони ташкилотҳо дар мурофиаҳои ошкорои судӣ;

2) интишор намудани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо тавассути воситаҳои ахбори омма;

3) интишор намудани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо дар сомонаи  судҳо;

4) ҷойгир намудани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо дар бинои судҳо;

5) ба истифодабаранда додани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, ки дар бойгонӣ нигоҳ дошта мешаванд ё шинос намудани истифодабаранда бо онҳо; 

6) бо дархости истифодабарандаи иттилоот ба ӯ пешниҳод намудани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо;

7) бо тарзҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

Моддаи 7. Шаклҳои пешниҳоди иттилоот оид ба фаъолияти судҳо

Иттилоот оид ба фаъолияти судҳо дар шакли шифоҳӣ, хаттӣ, электронӣ ва шаклҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, пешниҳод карда мешаванд.

Моддаи 8. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои истифодабарандаи иттилоот

1. Истифодабарандаи иттилоот ҳуқуқ дорад:

1) иттилоотро оид ба фаъолияти судҳо ба даст оварад;

2) зарурати ба даст овардани иттилооти дархостшударо оид ба фаъолияти судҳо, ки дастрасӣ ба он маҳдуд намебошад, асоснок накунад, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

2. Истифодабарандаи иттилоот уҳдадор аст талаботи Қонуни мазкур ва қонунҳои дигари  Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намояд.

БОБИ 2. ТАШКИЛИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ СУДҲО ВА ТАЛАБОТ ҲАНГОМИ АМАЛӢ НАМУДАНИ ОН

Моддаи 9. Ташкили дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо

1. Ташкили дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо бо назардошти талаботи Қонуни мазкур аз ҷониби судҳо дар доираи салоҳияташон амалӣ  карда мешавад.

2. Раиси суд бо мақсади ташкили дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо шахси ваколатдорро таъин намуда, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ӯро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайян мекунад.

Моддаи 10. Ташкили дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо тавассути шабакаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ

Судҳо барои интишори иттилоот оид ба фаъолияти худ бо истифода аз шабакаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ сомонаҳоро бо нишон додани суроғаҳои электронӣ, ки тавассути онҳо дархост ирсол кардан мумкин аст, ташкил менамоянд. 

Моддаи 11. Талабот ҳангоми дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо

Талабот ҳангоми дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо аз инҳо иборат мебошанд:

1) саҳеҳ будани иттилооти пешниҳодшаванда;

2) риоя намудани муҳлатҳо ва тартиби пешниҳоди иттилоот;

3) аз иттилооти пешниҳодшаванда оид ба фаъолияти судҳо хориҷ намудани маълумоте, ки дастрасӣ ба он маҳдуд аст;

4) ташкил намудани шароити моддию техникии зарурӣ барои амалӣ намудани ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот.

БОБИ 3. ПЕШНИҲОДИ ИТТИЛООТ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ СУДҲО

Моддаи 12. Иштирок дар мурофиаҳои судӣ

1. Шаҳрвандон ва намояндагони ташкилотҳо ҳуқуқ доранд дар мурофиаҳои ошкорои судӣ иштирок дошта бошанд, инчунин рафти маҷлиси судиро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт намоянд.

2. Тартиби иштироки шахсони дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида дар мурофиаи судӣ, толорҳои маҷлиси судӣ ва бинои судҳо бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигаре, ки фаъолияти судҳоро танзим менамоянд, муқаррар карда мешавад.

Моддаи 13. Интишори иттилоот оид ба фаъолияти судҳо

Интишори иттилоот оид ба фаъолияти судҳо тавассути воситаҳои ахбори омма бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» амалӣ карда мешавад, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

Моддаи 14. Ҷойгир кардани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо дар сомонаи судҳо 

1. Дар сомонаи судҳо иттилооти зерин ҷойгир карда мешаванд:

1) иттилооти умумӣ дар бораи суд:

- номи суд, суроғаи почтавӣ, суроғаи электронӣ, рақами телефоне, ки тавассути он иттилооти хусусияти маълумотидошта гирифтан мумкин аст;

- сохтори ташкилии суд;

- салоҳияти суд;

- номгӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти судҳоро танзим менамоянд;

- дастурамал оид ба  коргузорӣ дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  санадҳои дигаре, ки фаъолияти дохилии судро танзим менамоянд;

- насаб, ном ва номи падари раиси суд, муовинони раиси суд, судяҳо, роҳбари дастгоҳи суд, дар мавриди розӣ будани шахсони мазкур маълумоти дигар дар бораи онҳо;

- номгӯи системаи иттилоотӣ ва махзани маълумоте, ки дар ихтиёри суд мебошанд;

- номгӯи нашрияи суд (агар чунин нашрия бошад);

2) иттилооте, ки бо баррасии парванда дар суд алоқаманд мебошанд:

- талабот оид ба шакл ва мазмуни ҳуҷҷатҳое, ки ҳангоми ба суд муроҷиат кардан муайян гардидаанд ва ё намунаи ин ҳуҷҷатҳо, тартиби ба суд пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои мазкур;

- маълумот оид ба андоза ва тартиби пардохти боҷи давлатӣ аз рӯи категорияи парвандаҳое, ки дар суд баррасӣ карда мешаванд;

- маълумот оид ба парвандаҳо ва санадҳои қабулкардаи судӣ аз рӯи натиҷаи баррасии онҳо;

- тавзеҳот ва ҷамъбаст аз рӯи масъалаҳои таҷрибаи судии баррасии парвандаҳои судӣ;

3) маълумоти омори судӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

4) иттилоот оид ба масъалаҳои кадрии суд:

- талабот нисбат  ба номзадҳо ба вазифаи коромӯз-судя;

- маълумот оид ба ҷойҳои холии мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ дар дастгоҳи суд;

- тартиби қабул шудан ба хизмати давлатӣ дар дастгоҳи судҳо, талаботи тахассусӣ нисбат ба номзадҳо барои ишғоли мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ дар дастгоҳи суд;

- тартиби гузарондан ва натиҷаи озмунҳо барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар дастгоҳи суд;

- иттилоот оид ба тартиб ва вақти қабули шахсони воқеӣ ва намояндагони шахсони ҳуқуқӣ, тартиби баррасии муроҷиати онҳо вобаста ба фаъолияти суд, судя ё кормандони дастгоҳи суд.

2. Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ дар баробари иттилооти дар қисми 1 ҳамин модда муқарраршуда мувофиқан дар сомонаи худ маълумотро оид ба низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир менамоянд.

Моддаи 15. Интишори матни санадҳои судӣ дар сомонаи судҳо

1. Матни санадҳои судӣ, ба истиснои санадҳои судии дар қисми 5 ҳамин модда пешбинигардида, пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани онҳо бо розигии  иштирокчиёни мурофиаи судӣ дар сомонаи судҳо ҷойгир карда мешавад.

2. Ҷойгир кардан ва муҳлатҳои дар сомонаи судҳо нигоҳ доштани санадҳои судӣ аз ҷониби Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ дар доираи салоҳияташон муқаррар карда мешаванд.

3. Ҳангоми интишор намудани матни санадҳои судӣ дар сомонаи судҳо бо мақсади таъмини амнияти иштирокчиёни мурофиа аз онҳо маълумоти дар қисми 4 ҳамин модда пешбинигардида хориҷ карда мешавад. Бар ивази маълумоти шахсии хориҷкарда сарҳарфҳои насаб, ном ва номи падар, номи сохта ва дигар ифодаҳо, ки ҳаммонанд кардани иштирокчиёни мурофиаро ғайриимкон мегардонанд, истифода мешаванд. 

4. Маълумоти шахсӣ мувофиқан бо санадҳои судӣ инҳо мебошанд:

1) насаб, ном ва номи падари иштирокчиёни мурофиаи судӣ, сана ва ҷойи таваллуд, ҷойи истиқомат ё будубош, рақами телефон, маълумоти шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият, рақами мушаххаси андозсупорандаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин соҳибкорони инфиродӣ;

2) маълумот оид ба маҳалли ҷойгиршавии қитъаи замин, бино, иншоот, хонаи истиқоматӣ, воситаи нақлиёт, маълумоти дигар дар бораи молу мулк ва маблағҳои пулии дар бонкҳо ё дигар ташкилоти қарзӣ будаи иштирокчиёни мурофиаи судӣ, агар ин маълумот ба моҳияти парванда мансуб бошад.

5. Дар сомонаи судҳо матни санадҳои судие, ки бо парвандаҳои зерин бароварда шудаанд, ҷойгир карда намешаванд:

1) ба амнияти давлат дахлдошта, аз ҷумла маълумоти дорои сирри давлатӣ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда;

2) аз муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ, аз ҷумла оид ба парвандаҳои марбут ба фарзандхондӣ;

3) ба ҳуқуқ ва манфиати ноболиғон дахлдошта;

4) дар бораи ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ;

5) дар бораи ғайри қобили амал эътироф намудан  ё маҳдуд сохтани қобилияти амали шаҳрванд;

6) дар бораи ба тариқи маҷбурӣ дар муассисаҳои бемориҳои рӯҳӣ бистарикунонии шаҳрванд ва шаҳодаткунонии маҷбурии рӯҳӣ;

7) дар бораи ворид намудани ислоҳ, тағйирот ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ.

 Моддаи 16. Ҷойгир намудани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо дар бинои судҳо

Бо мақсади шинос шудани истифодабаранда ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо дар бинои судҳо овезаҳои иттилоотӣ ва ё воситаҳои техникии таъиноташон шабеҳ ҷойгир карда мешаванд, ки онҳо бояд дорои чунин маълумот бошанд:

1) тартиби қабули шахсони воқеӣ ва намояндаи шахсони ҳуқуқӣ;

2) маълумот дар бораи рӯз, соат ва ҷойи баррасии парвандаҳои судӣ;

3) тартиби ворид шудан ба толори маҷлиси суд ва бинои судҳо ва чораҳои таъсиррасонӣ нисбати вайронкунандагони тартиботи маҷлиси суд; 

4) тартиби гирифтани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо;

5) маълумоти дигаре, ки ба истифодабарандаи иттилоот зарур мебошад.

Моддаи 17. Ҷойгир намудани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, ки дар бойгонӣ мебошанд

Ҷойгир кардани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, ки дар бойгонӣ мебошанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Моддаи 18. Дархост намудани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо аз ҷониби истифодабарандаи иттилоот ва тартиби пешниҳод кардани иттилоот

1. Истифодабарандаи иттилоот ҳуқуқ дорад ба суд бо дархост бевосита ё ба воситаи намояндааш, ки ваколатҳои ӯ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шудаанд, барои гирифтани иттилоот муроҷиат намояд.

2. Дар дархост суроғаи почтавӣ, рақами телефон ва ё факс ё ин ки суроғаи электронӣ барои ирсол намудани ҷавоб ба дархост ё дақиқ кардани мазмуни дархост, инчунин насаб, ном ва номи падари дархосткунанда нишон дода мешаванд. Дархости хаттӣ аз тарафи дархосткунанда ё намояндаи ӯ имзо карда мешавад.

3. Дархост дар судҳо бо тартиб ва муҳлатҳои муқарраркардаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» баррасӣ карда мешавад.

4. Ҷавоб ба дархост бояд иттилооти дархостшуда ё ҷавоби радди асосноккардашудаи пешниҳоди чунин иттилоотро дар бар гирад.

5. Иттилоот оид ба фаъолияти судҳо ройгон пешниҳод карда мешаванд, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар муқаррар нагардида бошад.

Моддаи 19. Асосҳое, ки имконияти пешниҳод намудани иттилоот оид ба фаъолияти судҳоро истисно менамоянд

1. Иттилоот оид ба фаъолияти судҳо дар ҳолатҳои зерин пешниҳод карда намешаванд, агар:

1) дархост носаҳеҳ буда, пешниҳод намудани иттилооти дахлдорро оид ба фаъолияти судҳо ғайриимкон гардонад;

2) дар дархост талаботи қисми 2 моддаи 18 Қонуни мазкур риоя нашуда бошанд;

3) иттилооти дархостшуда ба иттилооти дастрасиашон маҳдуд мансуб бошанд;

4) иттилооти дархостшуда амалишавии адолати судиро халалдор намоянд;

5) пешниҳоди иттилооти дархостшуда таъмини амнияти иштирокчиёни мурофиаи судиро халалдор созад;

6) иттилооти дархостшуда қаблан ба истифодабарандаи иттилоот дастрас шуда бошанд;

7) дар дархост масъалаи шарҳи меъёри ҳуқуқ, тавзеҳи татбиқи он, баҳодиҳии ҳуқуқии санадҳои судӣ ё иҷро кардани кори дигари иттилоотие, ки бевосита ба  ҳуқуқу уҳдадориҳои дархосткунанда алоқаманд намебошанд, гузошта шуда бошанд.

2. Судҳо ҳуқуқ доранд иттилоотро аз рӯи дархост оид ба фаъолияташон пешниҳод накунанд, агар ин иттилоот дар воситаҳои ахбори омма  ва ё дар сомонаи судҳо нашр шуда бошанд. Дар ин маврид дар ҷавоб ба дархост ном, санаи нашр ва рақами воситаҳои ахбори омма, ки дар он иттилооти дархостшуда нашр гардидаанд ё суроғаи сомона, ки дар он иттилооти дархостшуда ҷойгир карда шудаанд, нишон дода мешаванд.

БОБИ 4. ҲАМКОРИИ СУДҲО БО ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА

Моддаи 20. Мақсад ва шаклҳои ҳамкории судҳо бо воситаҳои ахбори омма

Ҳамкории судҳо бо воситаҳои ахбори омма бо мақсади иттилоотонии воқеӣ ва саҳеҳ  оид ба фаъолияти судҳо дар шаклҳои зерин  амалӣ карда мешавад:

1) дастрасии озодонаи намояндагони воситаҳои ахбори омма ба бино ва сомонаи судҳо, ки дар онҳо иттилоот оид ба фаъолияти судҳо ҷойгир карда шудаанд, инчунин ҳузур доштани онҳо дар мурофиаҳои ошкорои судӣ;

2) пешниҳоди иттилоот оид ба фаъолияти судҳо аз рӯи дархости воситаҳои ахбори омма;

3) инъикоси иттилоотонии фаъолияти судҳо, аз ҷумла масъалаҳои такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти зикргардидаро танзим менамояд;

4) иштироки воситаҳои ахбори омма дар нишастҳои матбуотӣ ва дигар чорабиниҳои якҷояи судҳо;

5) шаклҳои дигари ҳамкорие, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд.

Моддаи 21. Намояндаи расмии судҳо оид ба ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма

1. Намояндаи расмии судҳо оид ба ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма раиси суд ё шахсе мебошад, ки аз ҷониби ӯ ваколатдор карда шудааст.

2. Судҳо бо мақсади ташкили ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма метавонанд дар дастгоҳҳои худ бахши сохтории дахлдор ё ин ки шахси ваколатдорро, ки ҳуқуқ ва уҳдадориҳояшон оид ба амалӣ намудани ҳамкории зикргардида мувофиқан бо санадҳои танзимкунандаи фаъолияти дохилии судҳо муқаррар карда мешаванд, муайян намоянд.

БОБИ 5. ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ВА НАЗОРАТИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ СУДҲО

Моддаи 22. Ҳифзи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо

Нисбат ба амали (беамалии) шахсони мансабдоре, ки ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳоро вайрон  мекунад, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят кардан мумкин аст.

Моддаи 23. Ҳалли баҳсҳои марбут ба дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо

Баҳсҳо вобаста ба дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд.

Моддаи 24. Назорати дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо

1. Назорати дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо аз ҷониби раиси суд дар доираи салоҳияташ  амалӣ карда мешавад.

2. Тартиби амалӣ намудани назорати дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо бо санадҳои танзимкунандаи фаъолияти дохилии судҳо   муқаррар карда мешавад.

БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 25. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 26. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                    Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 25 июни соли 2021, № 1783