ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1830 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҶАВОНОН ВА СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН Маҷлиси Олии ҶТ 23.12.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Кодекс 1844 КОДЕКСИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23.12.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1804 ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2022 Маҷлиси Олии ҶТ 02.12.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon PDF Package icon ZIP

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2020

-A A +A
Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар Санаи интишор: Пшб, 13/08/2020 - 10:37
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1650
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
26.11.2019
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2020
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2019, №11, мод.682; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 майи соли 2020, №1691)
 
(Қонуни ҶТ аз 07.05.2020 № 1691, аз 04.07.2020 № 1692, аз 04.07.2020 № 1693 )
 
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 22 ноябри соли 2019, № 1507
қабул карда шуд.
 
Моддаи 1. Ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 23577532 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад, аз ҷумла (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692):
1) аз ҳисоби воридоти андозию ғайри андозӣ ва грантҳо 18081000 ҳазор сомонӣ, аз онҳо:
а) воридоти андозӣ - 15654903 ҳазор сомонӣ;
б) воридоти ғайриандозӣ - 1196097 ҳазор сомонӣ;
в) грантҳо барои дастгирии буҷет аз ҳисоби созмонҳои байналмилалии молиявӣ - 1230000 ҳазор сомонӣ;
2) аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ - 3547069 ҳазор сомонӣ, аз онҳо:
а) қарзҳо - 1826995 ҳазор сомонӣ;
б) грантҳо - 1720074 ҳазор сомонӣ;
3) аз ҳисоби маблағҳои махсуси муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ - 1949463 ҳазор сомонӣ (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692).
 
Моддаи 2. Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020 ба маблағи 26043341 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад, аз ҷумла барои маблағгузории (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692):
1) мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ - 1203175 ҳазор сомонӣ (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692);
2) мудофиа (на барои нашр);
3) мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, тартиботи ҳуқуқӣ ва судҳо (на барои нашр);
4) маориф - 4533628 ҳазор сомонӣ (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692);
5) тандурустӣ - 3449477 ҳазор сомонӣ (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692);
6) суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ - 4010337 ҳазор сомонӣ (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692);
7) фарҳанг ва варзиш - 893907 ҳазор сомонӣ (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692);
8) хоҷагии манзилию коммуналӣ, ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал - 955744 ҳазор сомонӣ (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692);
9) комплекси сўзишворию энергетикӣ - 4077119 ҳазор сомонӣ (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692);
10) соҳаи кишоварзӣ, моҳидорӣ ва шикор - 657188 ҳазор сомонӣ (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692);
11) саноат ва сохтмон - 182285 ҳазор сомонӣ  (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692);
12) нақлиёт ва коммуникатсия - 1804288 ҳазор сомонӣ (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692);
13) соҳаҳои дигари иқтисодиёт ва хизматрасонӣ - 56700 ҳазор сомонӣ (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692);
14) хароҷоти дигар - 2385336 ҳазор сомонӣ (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692).
 
Моддаи 3. Ҳаҷми умумии касри Буҷети давлатӣ ва манбаъҳои пўшонидани он
1. Андозаи ниҳоии ҳаҷми умумии касри Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020 ба андозаи 3,7 фоизи Маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ё ба маблағи 3106500 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692).
2. Манбаъҳои пўшонидани касри Буҷети давлатӣ ба таври зерин муайян карда шаванд:
1) аз ҳисоби хусусигардонӣ, иҷораи моликияти ҷумҳуриявӣ ва суди саҳмияҳои давлатӣ - 25000 ҳазор сомонӣ;
2) аз фурўши векселҳои хазинадорӣ - 100000 ҳазор сомонӣ;
3) маблағҳои озоди буҷети ҷумҳуриявӣ ба ҳолати 1 январи соли 2020 - 34000 ҳазор сомонӣ;
4) аз ҳисоби маблағҳои қарзӣ ва грантии созмонҳои байналмилалии молиявӣ - 2922564 ҳазор сомонӣ (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692);
5) сарфаи маблағи озмунҳои хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ - 15000 ҳазор сомонӣ (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692);
6) иҷрои барзиёдии нақшаи даромади буҷетҳои маҳаллӣ - 9936 ҳазор сомонӣ.
3. Маблағгузории пардохти қарзи асосии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 470000 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби баргардондани қарзи асосӣ аз рўи уҳдадориҳои созишномаҳои зерқарзии соли 2020, ки маблағи 879000 ҳазор сомониро ташкил медиҳад (ба истиснои уҳдадориҳои қарзии солҳои қаблӣ), аз ҳисоби ташкилотҳои зерин муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692):
1) Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" - 391700 ҳазор сомонӣ;
2) Корхонаи воҳиди давлатии "Обу корези Душанбе" - 5700 ҳазор сомонӣ;
3) Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ширкати Алюминийи Тоҷик" - 25100 ҳазор сомонӣ;
4) Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" - 20300 ҳазор сомонӣ;
5) Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиктрансгаз" - 3200 ҳазор сомонӣ;
6) Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Помир энерҷи" - 4800 ҳазор сомонӣ;
7) Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" - 11000 ҳазор сомонӣ;
8) Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Агроинвестбонк" - 4400 ҳазор сомонӣ;
9) Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиксодиротбонк" - 3800 ҳазор сомонӣ.
4. Маблағгузории хизматрасонии қарзи дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 846727 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ 247717 ҳазор сомонӣ, баргардонидани қарзҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Агроинвестбонк" 540000 ҳазор сомонӣ ва Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт 59010 ҳазор сомонӣ муайян карда шавад.
 
Моддаи 4. Ҳаҷми умумии даромад ва хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ
Ҳаҷми умумии буҷети ҷумҳуриявӣ аз рўи даромад 10338670 ҳазор сомонӣ, аз рўи хароҷот 12794542 ҳазор сомонӣ ва касри он дар ҳаҷми 2455872 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692).
 
Моддаи 5. Даромади буҷети ҷумҳуриявӣ аз рўи манбаъҳои даромад
Даромади буҷети ҷумҳуриявӣ ба маблағи 10338670 ҳазор сомонӣ аз рўи манбаъҳои зерин муқаррар карда шавад, аз ҷумла  (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692):
1) андоз аз арзиши иловашуда - 5421875 ҳазор сомонӣ  (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692);
2) аксизҳо - 476522 ҳазор сомонӣ (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692);
3) андоз аз фурўш - 11308 ҳазор сомонӣ  (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692);
4) андоз барои захираҳои табиӣ - 160735 ҳазор сомонӣ  (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692);
5) андоз аз фоида - 388897 ҳазор сомонӣ  (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692);
6) андоз аз даромад - 801779 ҳазор сомонӣ  (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692);
7) боҷҳои гумрукӣ - 466830 ҳазор сомонӣ  (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692);
8) андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард - 270597 ҳазор сомонӣ  (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692);
9) даромадҳои дигари ғайриандозӣ - 1110127 ҳазор сомонӣ  (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692);
10) грантҳои созмонҳои байналмилалии молиявӣ - 1230000 ҳазор сомонӣ  (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692).
Моддаи 6. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рўи гурўҳбандии вазифавӣ
Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рўи гурўҳбандии вазифавӣ дар ҳаҷми зерин тасдиқ карда шавад (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692):
1) маблағгузории бахши ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ - 777135 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла:
а) мақомоти қонунгузор ва иҷроия - 172248 ҳазор сомонӣ;
б) сиёсати молиявӣ ва андозию буҷетӣ - 113635 ҳазор сомонӣ;
в) фаъолияти сиёсати беруна - 215087 ҳазор сомонӣ;
г) мақомоти дигари давлатӣ - 276165 ҳазор сомонӣ (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692);
2) мудофиа ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судҳо ва прокуратура (на барои нашр);
3) маориф - 728105 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692):
а) таҳсилоти умумӣ - 182493 ҳазор сомонӣ;
б) таҳсилоти касбӣ - 458891 ҳазор сомонӣ;
в) фаъолияти дигар дар соҳаи маориф - 86721 ҳазор сомонӣ (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692);
4) тандурустӣ - 1868561 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692):
а) беморхонаҳо - 140050 ҳазор сомонӣ (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692);
б) марказҳои саломатӣ - 6797 ҳазор сомонӣ;
в) ҳифзи саломатии аҳолӣ - 45746 ҳазор сомонӣ;
г) фаъолияти дигар дар соҳаи тандурустӣ - 1675969 ҳазор сомонӣ (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692);
5) суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ - 865227 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692):
а) суғуртаи иҷтимоӣ - 707874 ҳазор сомонӣ (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692);
б) ҳифзи иҷтимоӣ - 60191 ҳазор сомонӣ;
в) фаъолияти дигар дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ - 97162 ҳазор сомонӣ (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692);
6) фарҳанг ва варзиш - 370245 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692):
а) чорабиниҳо оид ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш - 4326 ҳазор сомонӣ;
б) муассисаҳои фарҳангию маърифатӣ - 88927 ҳазор сомонӣ;
в) воситаҳои ахбори омма - 139691 ҳазор сомонӣ;
г) фаъолияти дигар дар соҳаи фарҳанг ва варзиш - 137302 ҳазор сомонӣ (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692);
7) хоҷагии манзилию коммуналӣ, муҳити зист ва хоҷагии ҷангал - 53499 ҳазор сомонӣ (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692);
8) комплекси сўзишворию энергетикӣ - 2833878 ҳазор сомонӣ  (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692);
9) кишоварзӣ, моҳидорӣ ва шикор - 144562 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692):
а) барои рушди соҳаи чорводорӣ - 2008 ҳазор сомонӣ;
б) барои чорабиниҳо оид ба мубориза бар зидди малах - 3800 ҳазор сомонӣ;
в) барои рушди муносибатҳои лизингӣ ва таъсису мукаммал намудани марказҳои хизматрасонӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ - 15000 ҳазор сомонӣ;
г) барои чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ - 2100 ҳазор сомонӣ (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692);
10) саноат ва сохтмон - 186712 ҳазор сомонӣ (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692);
11) нақлиёт ва коммуникатсия - 162793 ҳазор сомонӣ (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692);
12) фаъолияти дигари иқтисодӣ ва хизматрасонӣ - 55645 ҳазор сомонӣ (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692);
13) хароҷоте, ки ба категорияҳои дигар дохил карда нашудаанд 3256002 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла:
а) амалиёт бо уҳдадориҳои қарзии давлатӣ - 1147650 ҳазор сомонӣ, аз онҳо (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692) :
- амалиёт бо уҳдадориҳои қарзии дохилии давлатӣ - 141717 ҳазор сомонӣ;
- амалиёт бо уҳдадориҳои қарзии берунаи давлатӣ - 1005933 ҳазор сомонӣ (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692);
б) хароҷоти шаҳри Душанбе барои амалӣ намудани вазифаҳои пойтахт- 25000 ҳазор сомонӣ;
в) Фонди хароҷоти пешбининашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 84255 ҳазор сомонӣ (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692);
г) хароҷоти дигаре, ки аз рўи соҳаҳои иқтисодиёт гурўҳбандӣ нашудаанд - 1999097 ҳазор сомонӣ (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692).
 
Моддаи 7. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рўи гурўҳбандии идоравӣ ва барномавӣ
1. (На барои нашр).
2. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рўи гурўҳбандии барномавӣ тибқи замимаи 2 муқаррар карда шавад.
 
Моддаи 8. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рўи гурўҳбандии иқтисодӣ
Хароҷоти вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ аз рўи гурўҳбандии иқтисодӣ дар ҳаҷми 12794542 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад, аз ҷумла (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692):
1) пардохти музди меҳнат - 1922508 ҳазор сомонӣ, аз онҳо:
а) музди меҳнати кормандони асосӣ - 1824796 ҳазор сомонӣ;
б) музди меҳнати кормандони ҳайати техникӣ ва хизматрасонӣ - 97712 ҳазор сомонӣ;
2) маблағҷудокуниҳо ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ - 251537 ҳазор сомонӣ, аз онҳо:
а) аз ҳисоби музди меҳнати кормандони асосӣ - 218711 ҳазор сомонӣ;
б) аз ҳисоби музди меҳнати кормандони ҳайати техникӣ ва хизматрасонӣ - 24424 ҳазор сомонӣ;
в) суғуртаи тиббӣ ва суғуртаҳои дигар - 8402 ҳазор сомонӣ;
3) хариди мол ва хизматрасонӣ - 3918191 ҳазор сомонӣ, аз онҳо (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692):
а) пардохти хизматрасонии коммуналӣ - 161328 ҳазор сомонӣ;
б) пардохти хизматрасонии алоқа - 94044 ҳазор сомонӣ;
в) хариди мол ва хизматрасонии дигар - 3662819 ҳазор сомонӣ (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692);
4) хизматрасонии қарзҳои дохилӣ ва беруна - 1147650 ҳазор сомонӣ, аз онҳо (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692):
а) пардохти қарзи асосӣ ва фоизҳои қарзи дохилӣ - 141717 ҳазор сомонӣ;
б) пардохти қарзи берунаи асосӣ - 310443 ҳазор сомонӣ (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692);
в) пардохти фоизҳои қарзи берунаи асосӣ - 695490 ҳазор сомонӣ (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692);
5) хароҷоти пардохти кумакпулиҳо (субсидияҳо) - 76605 ҳазор сомонӣ (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692);
6) хароҷот барои трансфертҳо - 1116952 ҳазор сомонӣ (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692);
7) кумакпулиҳои иҷтимоӣ - 524647 ҳазор сомонӣ (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692);
8) трансфертҳои дигар - 347599 ҳазор сомонӣ;
9) амалиёт бо дороиҳо, уҳдадориҳо ва сармоягузорӣ - 3491689 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692):
а) маблағгузории асосии мутамарказ - 3368489 ҳазор сомонӣ;
б) хариди мошинҳо ва таҷҳизот - 72075 ҳазор сомонӣ;
в) дороиҳои ғайримолиявии дигар - 45006 ҳазор сомонӣ (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692);
г) хариди дороиҳои молиявии дохилӣ - 6119 ҳазор сомонӣ.
 
Моддаи 9. Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020 ба маблағи 337020 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692).
 
Моддаи 10. Мусоидати молиявӣ (субвенсия) ва кумаки молиявии беподош (дотатсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷудошаванда
1. Ҳаҷми мусоидати молиявӣ (субвенсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои буҷетҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои пардохти фонди музди меҳнат ба маблағи 900568 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад, аз ҷумла барои:
1) Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон - 194583 ҳазор сомонӣ;
2) вилояти Хатлон - 485335 ҳазор сомонӣ;
3) ноҳияи Варзоб - 11941 ҳазор сомонӣ;
4) ноҳияи Рашт - 46662 ҳазор сомонӣ;
5) ноҳияи Лахш - 32179 ҳазор сомонӣ;
6) ноҳияи Нуробод - 35062 ҳазор сомонӣ;
7) ноҳияи Сангвор - 16979 ҳазор сомонӣ;
8) ноҳияи Тоҷикобод - 21637 ҳазор сомонӣ;
9) ноҳияи Файзобод - 34135 ҳазор сомонӣ;
10) ноҳияи Шаҳринав - 22055 ҳазор сомонӣ.
2. Ҳаҷми кумаки молиявии беподош (дотатсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети маҳаллии ноҳияи Сангвор ба маблағи 3200 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
3. Мусоидати молиявӣ (субвенсия) ва кумаки молиявии беподош (дотатсия) ба фондҳои мақсадноки давлатӣ, ба буҷети вилоятии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи вилоятҳо ва ҷумҳурӣ ҳар моҳ аз рўи иҷрои воқеии буҷети ҷумҳуриявӣ мустақиман аз буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо карда мешавад.
 
Моддаи 11. Маблағҳои нақди гардони хазинавии буҷети ҷумҳуриявӣ
Маблағҳои нақди гардони хазинавии буҷети ҷумҳуриявӣ ба ҳолати 1 январи соли 2021 ба маблағи 142362 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шаванд.
 
Моддаи 12. Ҳаҷми умумии даромад ва хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ
1. Ҳаҷми умумии буҷетҳои маҳаллӣ аз рўи даромад бо дар назар доштани мусоидати молиявӣ (субвенсия) ва кумаки молиявии беподош (дотатсия), ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо карда мешаванд, ба маблағи 6898098 ҳазор сомонӣ, хароҷот ба маблағи 6908035 ҳазор сомонӣ ва касри буҷет ба маблағи 9936 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла дар буҷети Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон 1185 ҳазор сомонӣ, вилояти Хатлон 7290 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Варзоб 174 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Рашт 291 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Лахш 176 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Нуробод 176 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Сангвор 102 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Тоҷикобод 114 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Файзобод 214 ҳазор сомонӣ ва ноҳияи Шаҳринав 214 ҳазор сомонӣ муайян карда шавад (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692).
2. Касри буҷетҳои маҳаллӣ дар соли 2020 аз ҳисоби таъмини иҷрои барзиёдии даромад пўшонида мешавад.
 
Моддаи 13. Таносуби воридоти андозӣ ва ғайриандозӣ ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ
1. Дар соли 2020 ба буҷети ҷумҳуриявӣ даромади андозӣ ва ғайриандозии зерин ворид карда шаванд:
1) андоз аз фурўши алюминийи аввалия - 100 фоиз;
2) боҷҳои гумрукӣ - 100 фоиз;
3) андоз аз арзиши иловашуда ва аксизи беруна - 100 фоиз;
4) дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва даромадҳои ғайриандозии умумидавлатӣ (бо дар назар доштани муҷозоти молиявӣ), хироҷ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон - 100 фоиз;
5) аз Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" - андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, андоз аз фоида, инчунин андозҳо барои захираҳои табиӣ (роялти барои об) - 100 фоиз;
6) аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Неругоҳи барқи обии Сангтўда-1" андозҳо барои захираҳои табиӣ (роялти барои об) - 100 фоиз;
7) аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ширкати Алюминийи Тоҷик"андоз аз арзиши иловашуда - 100 фоиз;
8) аз Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиктелеком" - андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз фоида - 100 фоиз;
9) аз Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" - андоз аз фоида - 100 фоиз;
10) аз марказҳои идораи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, намояндагиҳои дипломатӣ, консулгариҳо ва шахсони ба онҳо баробаркардашудаандоз аз даромади шахсони воқеӣ - 100 фоиз;
11) аз ширкатҳои алоқаи мобилӣ (ба истиснои Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиктелеком") - андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз - 100 фоиз;
12) аз Бонки миллии Тоҷикистон - андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз даромади шахсони воқеӣ, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва фоидаи боқимондаи баъди тасдиқи ҳисоботи соли 2019 - 100 фоиз;
13) аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Тоҷикистону Америка "Корхонаи муштараки Анзоб", Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Ширкати кўҳӣ- саноатии Тоҷикистону Хитоӣ", Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштараки "Зарафшон" - андоз аз фоида - 50 фоиз;
14) пардохти бонуси обунавии яккаратаи истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ аз ҳисоби истихроҷи маъданҳои фоиданок (ба ғайр аз канданиҳои фоиданоки маъмулӣ, обҳои зеризаминӣ ва лойи табобатӣ)100 фоиз;
2. Ҳиссаҷудокунӣ аз андозҳои умумидавлатӣ, ки аз андозсупорандагони дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта ворид мегардад, ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ аз рўи таносуби (фоизҳои) зерин тасдиқ карда шавад:
1) андоз аз арзиши иловашуда:
а) ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ба ғайр аз вилояти Суғд, шаҳрҳои Душанбе, Роғун ва ноҳияи Рўдакӣ) - 100 фоиз;
б) аз вилояти Суғд - 50 фоиз ба буҷети вилоят ва 50 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
в) аз шаҳри Душанбе - 50 фоиз ба буҷети шаҳр ва 50 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
г) аз шаҳри Роғун - 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
ғ) аз ноҳияи Рўдакӣ - 96 фоиз ба буҷети ноҳия ва 4 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
2) андоз аз фоида:
а) ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ба ғайр аз шаҳри Роғун) - 100 фоиз;
б) аз шаҳри Роғун - 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
3) андоз аз даромад:
а) ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ба ғайр аз вилояти Суғд, шаҳрҳои Душанбе ва Роғун) - 100 фоиз;
б) аз вилояти Суғд - 33 фоиз ба буҷети вилоят ва 67 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
в) аз шаҳри Душанбе - 44 фоиз ба буҷети шаҳр ва 56 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
г) аз шаҳри Роғун - 54 фоиз ба буҷети шаҳр ва 46 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
4) андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард:
а) ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ба ғайр аз вилояти Суғд, шаҳрҳои Душанбе ва Роғун) - 100 фоиз;
б) аз вилояти Суғд - 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
в) аз шаҳри Душанбе - 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
г) аз шаҳри Роғун - 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
5) аксизҳои дохилӣ ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо - 100 фоиз;
6) андозҳои маҳаллӣ, боҷи давлатӣ, дигар пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ ва воридоти ғайриандозии маҳаллии дигар ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо - 100 фоиз.
3. Андозҳои танзимшавандае, ки ҳиссаи онҳо дар қисми даромади буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ шудаанд, сараввал қатъиян ба буҷети ҷумҳуриявӣ ворид карда шуда, баъдан ҳиссаҳои муайяншуда ба буҷетҳои маҳаллӣ гузаронида мешаванд.
4. Воридоти андоз аз истифобарандагони роҳҳои автомобилгард, ки аз нақшаи тасдиқгардида барзиёд ба буҷетҳои маҳаллӣ дохил шудааст, ба буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад.
5. Маблағи як намуди андозро ба дигар намуди андоз берун аз таъйинот гузаронидан, инчунин анҷом додани амалиёти пардохти андозҳои танзимшаванда ба буҷетҳои дахлдор, бидуни гузаронидани амалиёт тавассути Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъиян манъ аст.
 
Моддаи 14. Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа
1. Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа барои соли 2020 аз рўи даромад ба маблағи 2946094 ҳазор сомонӣ ва хароҷот ба маблағи 2946094 ҳазор сомонӣ мувофиқи замимаи 3 тасдиқ карда шавад (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692).
2. Даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ, хароҷоти он барои пардохти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ҳаҷми мусоидати молиявӣ (субвенсия), ки ба вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷудо карда мешавад, мувофиқи замимаи 4 тасдиқ карда шавад.
3. Ҳиссаҷудокуниҳо аз андози иҷтимоӣ, ки аз андозсупорандагони дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта ворид мешаванд, барои пардохти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ аз рўи таносуби (фоизҳои) зерин тасдиқ карда шаванд:
1) аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ширкати Алюминийи Тоҷик" 100 фоиз ба суратҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) дар шаҳри Душанбе 36,5 фоиз ба суратҳисоби Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳр ва 63,5 фоиз ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1692);
3) дар шаҳри Роғун 20,0 фоиз ба суратҳисоби шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳр ва 80,0 фоиз ба суратҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4) дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои дигари тобеи ҷумҳурӣ 100 фоиз ба суратҳисоби раёсат ва шуъбаҳои дахлдори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
Моддаи 15. Имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ барои корхонаю ташкилотҳои алоҳида дар соли 2020
1. Андоз аз арзиши иловашуда танҳо барои корхонаҳои коркарди гандум (ба истиснои воридоти гандум барои истеҳсоли молҳои зераксизӣ) барои воридот, коркард ва фурўши маҳсулоти аз гандум коркардшуда бо меъёри 10 фоиз муқаррар карда шавад. Баҳисобгирии андоз аз арзиши иловашуда, ки барои хариди молу маҳсулоти дигар (кор ва хизматрасонӣ), ҷиҳати таҳвил ва фурўши маҳсулоти аз гандуми коркардшуда пардохта шудааст, наметавонад аз 10 фоиз зиёд бошад.
2. Воридоти техника, воситаҳои нақлиёти махсус ва қисмҳои эҳтиётии он, нақлиёти барқӣ, ки номгўй ва миқдори онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷети шаҳри Душанбе барои пурра намудани парки нақлиёти мусофиркашонӣ ва беҳтар гардонидани таъминоти соҳаи алоҳидаи шаҳри Душанбе харидорӣ мешаванд, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ, ҳамчунин воридоти қувваи барқ ва гази табиӣ ба ҷумҳурӣ аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.
3. Корхонаи воҳиди давлатӣ "Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурўши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе" ҳангоми фурўши озуқа, инчунин воридоти маҳсулоте, ки номгўйи он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад.
4. Воридоти мазути камсулфур барои эҳтиёҷоти Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Маркази барқу гармидиҳӣ"-и Душанбе, ки миқдори он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад, аз андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.
5. Иҷрои кор ва хизматрасонии фармоишгар ва пудратчии асосии сохтмонҳои зерин аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андоз аз фоида озод карда мешаванд, аз ҷумла: меҳмонхонаи "Исмоили Сомонӣ", воқеъ дар хиёбони Рўдакии шаҳри Душанбе, сохтмони 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии таҳсилашон бо забони русӣ барои 1200 ҷойи нишаст (дар як баст) дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд, Кўлоб ва Турсунзода аз ҷониби Федератсияи Россия, мактаб барои 1200 ҷойи нишаст дар маҳаллаи Чордаи шаҳри Ваҳдат, барои 1200 ҷойи нишаст дар деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод аз ҷониби ширкати чинии "ТВЕА", мактаб барои 320 ҷойи нишаст дар шаҳри Бохтар, барои 320 ҷойи нишаст дар шаҳри Левакант, барои 640 ҷойи нишаст дар ноҳияи Данғара аз ҷониби ширкати хитоии "Синохайдро", мактаб барои 540 ҷойи нишаст дар хоҷагии Эргаш Султонови ноҳияи Дўстӣ аз ҷониби Сафоратхонаи Ҷумҳурии Туркманистон, мактаб барои 630 ҷойи нишаст аз ҷониби Ҷумҳурии Ўзбекистон дар ноҳияи Спитамен (Ҷамъияти саҳомии "Ўзбек темир йулларӣ") ва маҷмааи тандурустӣ барои 200 кат дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон (пудратчии генералӣ ва зерпудратчии сохтмонии Ҷумҳурии Ўзбекистон). Инчунин идомаи сохтмони долонҳои иловагии зиддитармавӣ дар фосилаи муайяншудаи роҳи автомобилгарди Душанбе - Хуҷанд - Чанак, ки аз ҳисоби маблағгузории кумаки башардўстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон амалӣ карда мешавад, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андоз аз фоида озод карда мешаванд. Воридоти мол аз ҷониби фармоишгарон ва пудратчиёни асосии сохтмони иншооти мазкур тибқи номгўй ва дар ҳаҷми тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.
6. Воридоти ангишт аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ ба миқдори 7200 тонна барои қонеъ гардонидани талаботи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.
7. Иҷрои кор ва хизматрасонии фармоишгар ва пудратчии асосӣ оид ба сохтмони Театри миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз фоида озод карда мешаванд.
8. Ба уҳдадориҳои қарзии андозҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Неругоҳи барқи обии Сангтўда-1", ки аз ҳисоби таҳвили қувваи барқ ба Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ба вуҷуд омадаанд, фоизҳои тибқи моддаи 73 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида ҳисоб карда намешаванд.
10. Корҳои сохтмонӣ, молу масолеҳ, локомотивҳо ва вагонҳо, ки аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" барои сохтмони роҳи оҳани Ваҳдат - Ёвон ва барқарорсозии минтақаи фосилавии Ёвон - Вахш, инчунин баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон ворид мегарданд, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд. Номгўй ва миқдори молу масолеҳи сохтмониро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
11. Федератсияи футболи Тоҷикистон, сохторҳои зертобеи он ва клубҳои футболи Тоҷикистон аз пардохти андозҳо аз молу мулки ғайриманқул, андоз аз воситаҳои нақлиёт, инчунин мураббиёну бозингароне, ки аз хориҷи кишвар барои рушди фаъолияти Федератсия ва клубҳои футбол ҷалб карда мешаванд, аз пардохти андоз аз даромад озод карда мешаванд.
12. Воридоти бланкҳои шиносномаҳои дорои ҳомили электронии иттилоот, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, аз пардохтҳои гумрукӣ ва хироҷи гумрукӣ озод карда мешавад.
13. Воридоти тухмии зироатҳои кишоварзии дараҷаи суперэлита, элита ва репродуксияи якум, тухмии хушсифати кирмак барои пиллапарварӣ, гулу буттаҳои ороишӣ, дарахтони ороишӣ ва мевадиҳанда, чорвои зотӣ ва гўштӣ, инчунин ҳама намуди хўроки чорво аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 07.05.2020 № 1691).
14. Дар соли 2020 иҷрои кор ва хизматрасонӣ аз тарафи намояндаи фармоишгар - консортсиуми "Tractebel Engineering S.A." (филиали "Tractebel Engineering S.A." дар Ҷумҳурии Тоҷикистон) оид ба сохтмони иншооти неругоҳи барқи обии "Роғун", ки тибқи шартномаи тарафайн амалӣ мешавад, аз пардохти андоз аз фоида, андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, инчунин иҷрои кор ва хизматрасонии зерпудратчиёни консортсиум аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 07.05.2020 № 1691).
15. Дар соли 2020 воридоти қисмҳои эҳтиётӣ, мавод ва ҷузъҳои алоҳидаи барои васлу истеҳсоли таҷҳизот ва мошинолоти кишоварзӣ пешбинигардида аз ҷониби ҷамъияти саҳомии шакли пўшидаи "Агротехсервис"-и шаҳри Ҳисор, инчунин таҳвили минбаъдаи таҷҳизот ва мошинолоти кишоварзии истеҳсолнамудаи ҷамъияти мазкур аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 07.05.2020 № 1691).
16. Дар соли 2020 воридоти як адад чархболи тамғаи "Airbus H125" аз ҷониби ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр" аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 07.05.2020 № 1691).
17. Дар соли 2020 воридоти молу масолеҳи сохтмонӣ бо мақсади бунёди 10 қароргоҳ барои қабули меҳмонони сатҳи олӣ дар шафати бўстонсари ҳукуматӣ, воқеъ дар хиёбони Рўдакии шаҳри Душанбе, ки номгўи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 07.05.2020 № 1691).
18. Аз 1 апрел то 1 сентябри соли 2020 барои иншооти соҳаи сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, марказҳои саломатию варзишӣ, осоишгоҳҳо, ташкилотҳои хўроки умумӣ, ҳамлу нақли мусофиркашонии байналмилалӣ ва аэронавигатсия таътили пардохтҳои андозӣ пешбинӣ карда шуда, ҳисобкунии фоизҳо барои сари вақт пардохт нагардидани андозҳо барои ҳамин давра манъ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1693 )  .
19. Аз 1 май то 1 августи соли 2020 соҳибкорони инфиродие, ки тибқи патент дар бозорҳо, марказҳои савдо ва нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ, аз ҷумла сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, ателеҳои мўд ва хизматрасонии дўзандагӣ фаъолият менамоянд, аз ҳисоб ва пардохти андозҳо озод карда мешаванд.
20. Аз 1 май то 1 сентябри соли 2020 барои шахсони воқеӣ вобаста ба пардохти андозҳо аз молу мулки ғайриманқул таътил пешбинӣ карда мешавад.
21. Аз 1 июл то 1 сентябри соли 2020 воридоти мавод барои истеҳсоли воситаҳои безараргардонӣ, доруворӣ ва либоси муҳофизаткунанда, инчунин таҷҳизот, асбобу анҷом, таҷҳизоти озмоишгоҳҳои тиббӣ ва маводи барои муайян намудани бемории сироятии СОУГО-19 зарурӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад. Номгўи мол ва таҷҳизот бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
22. Аз 1 июл то 31 декабри соли 2020 фаъолияти муассисаҳои тиббӣ, меҳмонхонаҳо ва осоишгоҳҳо вобаста ба ройгон ҷойгир кардани шаҳрвандони таҳти муоинаи тиббӣ ё табобат аз бемории сироятии СОУГО-19 қарордошта аз пардохти андоз аз фоида (андози низоми содакардашуда), андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард озод карда мешавад.
23. Аз 1 июн то 31 декабри соли 2020 меъёри андози даромад аз фоизи пасандозҳои шахсони воқеӣ, ки моддаи 127 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, 50 фоиз кам карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1693 ).
 
Моддаи 16. Ҳиссагузорӣ ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт аз ҳисоби иҷрои барзиёдии даромади буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ
Муқаррар карда шавад, ки дар соли 2020 аз ҳисоби иҷрои барзиёдии нақшаи қисми даромади буҷетҳои тасдиқшудаи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо 20 фоиз ва буҷети тасдиқшудаи ҷумҳуриявӣ 30 фоиз баъд аз пўшонидани касри буҷет ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт равона карда мешавад.
 
Моддаи 17. Муқаррарот оид ба амонатгузории маблағи озоди буҷети ҷумҳуриявӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар бонкҳо
Бо мақсади зиёд намудани даромади буҷет, маблағҳои озоди буҷети ҷумҳуриявӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ки ба ҳолати 1 январи соли 2020 ба вуҷуд меоянд, ҳамчун амонат бо фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давраи кўтоҳмуҳлат дар давоми соли буҷетӣ ҷойгир карда мешаванд.
 
Моддаи 18. Моддаҳои ҳимояшавандаи Буҷети давлатӣ
1. Ба моддаҳои ҳимояшавандаи хароҷоти буҷет музди меҳнат, маблағҷудокуниҳо ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, идрорпулӣ, нафақа, кумакпулӣ, ҷубронпулӣ ва пардохти хизматрасонии коммуналӣ дохил карда шаванд.
2. Ҳангоми зарурат ва мавҷуд будани сарфа аз рўи моддаҳои дахлдори хароҷот, дар ҳолати набудани қарз аз рўи онҳо, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии он ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд бо тартиби муқарраргардида ба нақшаи тасдиқшудаи моддаҳои хароҷот тағйироти дахлдор ворид намоянд.
 
Моддаи 19. Пардохти ҳатмӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ ва муқаррарот оид ба хароҷоти маблағҳои махсус
1. Маблағҳои махсуси вазорату идораҳо, муассисаю ташкилотҳои аз ҳисоби буҷети дахлдор маблағгузоришаванда дар қисмати даромаду хароҷоти сметаҳои ягонаи онҳо ба ҳисоб гирифта мешаванд. Аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳо пардохти ҳатмӣ ба буҷетҳои дахлдор ба андозаи зерин муқаррар карда мешавад:
1) Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 45 фоиз;
2) Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт - 40 фоиз;
3) муассисаҳои томактабӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ - 1 фоиз, таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва муассисаҳои соҳаи тандурустӣ - 5 фоиз, муассисаҳои дигари соҳаи маориф, илм ва фарҳанг - 10 фоиз;
4) муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, дастгоҳҳои марказӣ ва мақомоти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 15 фоиз;
5) ташкилотҳои дигари буҷетӣ - 20 фоиз;
6) аз маблағҳои грантӣ, сарпарастӣ, фонди иҷораи китобҳои дарсӣ, мақсадноки супоришӣ аз ҳисоби Буҷети давлатӣ, маблағҳои аз ҳисоби хироҷ барои додани шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида ва Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохти мазкур ситонида намешавад.
2. Пардохти ҳатмӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ҳар семоҳа на дертар аз санаи 25-уми баъди давраи ҳисоботӣ гузаронида мешавад.
3. Истифодаи маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ (ба истиснои маблағҳои грантӣ ва сарпарастӣ) берун аз низоми хазинадорӣ тавассути ташкилотҳои қарзӣ қатъиян манъ аст. Дар ҳолати риоя нагардидани низоми мазкур, маблағҳои ошкоргардида пурра ба даромади буҷети дахлдор ситонида мешаванд.
4. Дар сурати аз ҳаҷми маблағи дар Буҷети давлатӣ тасдиқшуда кам ва ё зиёд ворид гардидани маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии он ба сметаи даромад ва хароҷоти онҳо ва ба қисми даромад ва хароҷоти Буҷети давлатӣ тағйироти дахлдор ворид менамоянд.
5. Дар ҳолати иҷро нагардидани қисми даромади Буҷети давлатӣ дар соли 2020 ва норасоии маблағ барои маблағгузории хароҷоти пешбинишуда, аз ҷумла пардохти музди меҳнат, қувваи барқ, об ва хизматрасонии дигари коммуналӣ, пардохтҳои номбаршударо вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ аз ҳисоби маблағҳои махсус амалӣ менамоянд.
6. Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби додани сертификат ва Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби истифодабарии захираҳои рақамгузорӣ 50 фоизи маблағро ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ пардохт менамоянд. Боқимонда 50 фоизи воридоти маблағ ба суратҳисоби Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандӣ мегардад. Маблағҳои боқимондаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ихтиёри он мононда шуда, тартиби дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда нисбати он татбиқ намегардад.
7. Маблағҳое, ки аз ҳисоби хизматрасонии консулии (ба истиснои пардохт барои додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоотӣ ва шиносномаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон (кортҳои идентификатсионӣ) Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳо дар хориҷи кишвар ворид мегарданд, баъди пардохт мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур ба буҷети ҷумҳуриявӣ барои маблағгузории фаъолияти онҳо ва сохтмону таъмири биноҳои маъмурӣ равона карда мешаванд. Маблағҳои аз ҳисоби додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоотӣ ва шиносномаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон (кортҳои идентификатсионӣ) воридгардида пурра ба фонди андўхтӣ гузаронида шуда, хароҷоташон бо санади дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешаванд.
8. Бақияи маблағҳои буҷетӣ ва махсуси намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳо дар хориҷи кишвар, ки ба ҳолати 1 январи соли 2020 ба вуҷуд меояд, дар ҳаҷми маблағгузории хароҷоти буҷети соли молиявии ҷорӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.
9. Дар ҳолати норасоии маблағҳои буҷетӣ барои нигоҳдории намояндагиҳои дипломатӣ, консулгариҳо ва намояндагиҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фарқияти он аз ҳисоби маблағҳои махсуси вазорату идораҳои дахлдор амалӣ карда мешавад.
10. (На барои нашр).
 
Моддаи 20. Суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ
1. Воридот ба суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ ба андозаи 5 фоиз муқаррар карда шавад, аз ҷумла:
1) аз ҳисоби иҷрои барзиёдии қисми даромади буҷетҳои тасдиқшудаи маҳаллӣ;
2) аз ҳисоби маблағҳои махсуси:
а) муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриявӣ;
б) Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
в) Хадамоти шиносномадиҳӣ ва бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
г) ташкилотҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
ғ) ташкилотҳои дигари буҷетӣ, ба истиснои муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;
3) аз ҳисоби маблағҳои махсуси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 10 фоиз муқаррар карда шавад;
4) ворид намудани маблағҳо ба суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ бо тартиби муқарраргардида тибқи дастурамали аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида амалӣ карда мешавад.
2. Хароҷоти маблағҳо аз суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ бо фармоишҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
 
Моддаи 21. Имтиёзҳо барои хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти қудратии дигар
1. Имтиёзи рафтуомад ба маҳалли гузаронидани рухсатӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки барои хизматчиёни онҳо дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин имтиёз муқаррар гардидааст, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дар доираи маблағҳои пешбинигардида дар як сол як маротиба пардохта мешавад.
2. (На барои нашр).
3. Пардохти ҷубронпулӣ дар сурати бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати казармавӣ гузаронидани хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, кормандони мақомоти дигаре, ки дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амният иштирок мекунанд, дар доираи маблағи барои фонди музди меҳнат тибқи Қонуни мазкур дар сметаҳои ягонаи даромад ва хароҷоти вазорату идораҳои дахлдор тасдиқшуда анҷом дода мешавад.
 
Моддаи 22. Муқаррарот оид ба ҳавасмандгардонии кормандон ва таҳкими заминаи моддию техникии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Аз 1 январи соли 2020 барои ҳавасмандгардонии кормандон ва таҳкими заминаи моддию техникии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 фоизи маблағҳои умумии пинҳонкардашудаи (кам нишондодашудаи) андоз, фоиз ва ҷарима аз рўи онҳо, ба истиснои андози иҷтимоӣ, низомҳои махсуси андозбандӣ ва андозҳои маҳаллӣ, ки дар ҷараёни фаъолияти назоратӣ ошкор гардидаанд, ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 фоизи маблағҳои хироҷи гумрукӣ ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда мешаванд.
2. Маблағҳо аз ҳисоби даромадҳои андозӣ, ба истиснои андозҳо ва низомҳои махсуси дар қисми 1 моддаи мазкур нишондодашуда, бо тартиби марказонидашуда 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ бо намудҳои андоз ворид карда шуда, ҳиссаи он мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, барои маблағгузории тадбирҳои пешбинишуда истифода мешаванд. Тартиби дар моддаи 19 Қонуни мазкур пешбинигардида нисбат ба онҳо татбиқ намегардад.
3. Маблағҳое, ки дар ҷараёни фаъолияти назоратӣ аз ҳисоби андози иҷтимоӣ, адозҳои маҳаллӣ ва низомҳои махсуси андозбандӣ ошкор гардидаанд, аз рўи таъйиноташон пурра ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва буҷетҳои маҳаллӣ гузаронида шаванд.
 
Моддаи 23. Андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо
Аз 1 январи соли 2020 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷиҳати ҳисобкунии андоз, боҷ, дигар пардохтҳои ҳатмӣ, муҷозоти ҷаримавӣ, пардохтҳои иҷтимоӣ, инчунин барои ҳисобкунии ин ё он бузургиҳои арзишии ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ), ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд, дар ҳаҷми 58 сомонӣ муқаррар карда шавад.
 
Моддаи 24. Муқаррарот оид ба пардохти маблағ тибқи санадҳои судӣ ва ба буҷет ворид намудани ҷаримаҳо ва дигар пардохтҳо ҳангоми риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муқаррар карда шавад, ки иҷрои санадҳои судӣ дар бораи ҷуброни зарари моддию маънавии аз тарафи кормандони мақомоти идоракунии давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми адои вазифаҳои хизматӣ расонидашуда, аз ҳисоби маблағҳои сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти онҳо амалӣ карда мешаванд.
2. Муқаррар карда шавад, ки маблағҳои аз ҳисоби татбиқи чораҳои маҷбуркунӣ барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла аз ҳисоби мусодираи молу мулк, ҷарима, пеня, ҷубронпулӣ воридшуда ва ҳамчунин ҷуброни зарари молиявии дар натиҷаи риоя накардани интизоми молиявӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ расонидашуда, ба истиснои маблағҳое, ки аз вайронкунандагони қонунгузорӣ дар соҳаи заминсозӣ ситонида мешаванд, ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида шаванд.
 
Моддаи 25. Тасдиқи ҳисобот оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018
1. Ҳисобот оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 аз рўи даромад ба маблағи 23925499 ҳазор сомонӣ, аз рўи хароҷот ба маблағи 24187383 ҳазор сомонӣ бо барзиёдии хароҷот нисбат ба даромад ба маблағи 261884 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
2. Хароҷоти воқеии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 барои уҳдадориҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла барои пардохти қарзи асосии беруна, бо дар назар доштани хизматрасонии он ба маблағи 1700011 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
 
Моддаи 26. Муқаррарот оид ба ворид намудани тағйирот ба Буҷети давлатӣ
1. Дар ҳолати барзиёд ё кам иҷро гардидани қисми даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба қисмҳои даромад ва хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2020 мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" бе тағйир додани ҳаҷми касри буҷет тағйирот ворид намояд.
2. Бо сабаби тағйир ёфтани ҳаҷми истеҳсолот (кор ва хизматрасонӣ), андозаи нарх, меъёри андоз, заминаи андозбандӣ, инчунин тағйирёбии сохтории ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулнамудаи мақомоти давлатӣ бармеоянд, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷетҳои дахлдор тағйирот ворид намуда, бо тартиби муқарраргардида дар байни буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва буҷетҳои маҳаллӣ ҳисоби байниҳамдигарӣ мегузаронад.
3. Мақомоти молия дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе чунин ҳисобҳои байниҳамдигариро метавонанд байни буҷетҳои маҳаллии дахлдор амалӣ намоянд.
 
Моддаи 27. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2020 мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                 Эмомалӣ Раҳмон
 
ш. Душанбе,
 26 ноябри соли 2019,
      № 1650