ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1978 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АЛОҚАИ БАРҚӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1977 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1979 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ ЧЕНАКИ ЯГОНА Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.05.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2015

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Чшб, 19/02/2020 - 12:04
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1132
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
24.11.2014
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
БАРОИ СОЛИ 2015
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2014, № 11, мод. 642; с. 2015, № 4, мод. 345, № 5, мод. 589, мод. 642, мод. 643, мод. 644; Қонунҳои ҶТ аз 15.10.2015 с., № 1226; аз 4.11.2015 г., № 1227; аз 23.12.2015 с., № 1258)
 
Моддаи 1. Ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи 15278362 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад, аз ҷумла:
- даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби воридоти андозию ғайриандозӣ ва грантҳо 12634177 ҳазор сомонӣ, аз онҳо:
воридоти андозӣ - 11503336 ҳазор сомонӣ;
воридоти ғайриандозӣ - 1030841 ҳазор сомонӣ;
грантҳо барои дастгирии буҷет аз ҳисоби ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ - 100000 ҳазор сомонӣ;
- буҷети лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ бо ҷалби захираҳои молиявии берунӣ - 1862666 ҳазор сомонӣ;
аз онҳо:
қарзҳо - 553591 ҳазор сомонӣ;
грантҳо - 1309075 ҳазор сомонӣ;
- маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ - 781519 ҳазор сомонӣ.
 
Моддаи 2. Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015 ба маблағи 15542463 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад, аз ҷумла барои маблағгузории:
- мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ - 920715 ҳазор сомонӣ;
- маориф - 2918639 ҳазор сомонӣ;
- тандурустӣ - 1204464 ҳазор сомонӣ;
- ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ - 2887063 ҳазор сомонӣ;
- чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ ва солимгардонӣ - 736452 ҳазор сомонӣ;
- хоҷагии манзилию коммуналӣ, ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал - 835739 ҳазор сомонӣ;
- комплекси сӯзишворию энергетикӣ - 1993075 ҳазор сомонӣ;
- соҳаҳои кишоварзӣ, заминсозӣ ва хоҷагии об - 325732 ҳазор сомонӣ;
- истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва сохтмон - 129652 ҳазор сомонӣ;
- нақлиёт ва коммуникатсия - 964211 ҳазор сомонӣ;
- дигар соҳаҳои иқтисодиёт ва хизматрасонӣ - 37475 ҳазор сомонӣ;
- хароҷоти дигар - 1201638 ҳазор сомонӣ.
 
Моддаи 3. Касри Буҷети давлатӣ ва манбаъҳои пӯшонидани он
 
1. Андозаи ниҳоии касри Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015 ба андозаи 0,5 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ё ба маблағи 264100 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
2. Манбаъҳои пӯшонидани касри буҷет ба таври зайл муайян карда шавад:
- даромад аз хусусигардонӣ ва истифодаи моликияти давлатӣ - 25000 ҳазор сомонӣ;
- даромад аз фурӯши векселҳои хазинадорӣ - 85000 ҳазор сомонӣ;
- аз ҳисоби депозитҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, иҷрои барзиёди нақшаи даромади буҷет, қарзҳо (грантҳо) аз ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва Фонди зиддибуҳронии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё - 154100 ҳазор сомонӣ.
3. Маблағгузории пардохти қарзи асосии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 1,0 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ё ба маблағи 521368 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби хароҷоти ҷории буҷети ҷумҳуриявӣ 234682 ҳазор сомонӣ ва 286686 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби депозитҳои буҷети ҷумҳуриявӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон ба 1 январи соли 2015, Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт, барориши векселҳои давлатӣ, ҷалби қарзҳои (грантҳои) ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва маблағҳои баргардонидашуда аз рӯи созишномаҳои зерқарзӣ муайян карда шавад.
4. Маблағгузории хизматрасонии қарзи дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 177017 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла 78007 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби хароҷоти ҷории буҷети ҷумҳуриявӣ, 59010 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби депозити буҷети ҷумҳуриявӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон ба 1 январи соли 2015, Фонди стабилизатсонӣ оид ба рушди иқтисодиёт ва 40000 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби баргардонидани қарзҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Агроинвестбонк» ба суратҳисоби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.
 
Моддаи 4. Ҳаҷми умумии даромад ва хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ
 
Буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2015 аз рӯи даромад ба маблағи 7357850 ҳазор сомонӣ ва аз рӯи хароҷот ба маблағи 7613909 ҳазор сомонӣ ва касри он ба маблағи 256059 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
 
Моддаи 5. Даромади буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи манбаъҳои даромад
 
Дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2015 воридоти даромад аз ҳамаи субъектҳои хоҷагидорӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта ба маблағи умумии 7357850 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад, аз ҷумла:
- андоз аз арзиши иловашуда - 4411040 ҳазор сомонӣ;
- аксизҳо - 338771 ҳазор сомонӣ;
- андоз аз фурӯши нахи пахта ва алюминийи аввалия - 134221 ҳазор сомонӣ;
- андоз барои захираҳои табиӣ - 43450 ҳазор сомонӣ;
- андоз аз фоида - 111710 ҳазор сомонӣ;
- андоз аз даромад - 457655 ҳазор сомонӣ;
- боҷи гумрукӣ - 655257 ҳазор сомонӣ;
- андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард - 149704 ҳазор сомонӣ;
- даромадҳои дигари ғайриандозӣ - 956042 ҳазор сомонӣ;
- грантҳои ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ - 100000 ҳазор сомонӣ.
 
Моддаи 6. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи гурӯҳбандии вазифавӣ
 
Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2015 аз рӯи гурӯҳбандии вазифавӣ ба андозаҳои зерин тасдиқ карда шавад:
Маблағгузории мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ - 626678 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- мақомоти иҷроия ва қонунгузорӣ - 194143 ҳазор сомонӣ;
- сиёсати молиявӣ ва андозию буҷетӣ - 108941 ҳазор сомонӣ;
- фаъолияти сиёсати беруна - 141845 ҳазор сомонӣ;
- мақомоти дигари давлатӣ - 181749 ҳазор сомонӣ;
Маориф - 612205 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- таҳсилоти умумӣ - 131962 ҳазор сомонӣ;
- таҳсилоти касбӣ - 336749 ҳазор сомонӣ;
- фаъолияти дигар дар соҳаи маориф - 143494 ҳазор сомонӣ.
Тандурустӣ - 225681 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- беморхонаҳо - 129995 ҳазор сомонӣ;
- дармонгоҳҳо - 4311 ҳазор сомонӣ;
- ҳифзи саломатии аҳолӣ - 19971 ҳазор сомонӣ;
- фаъолияти дигар дар соҳаи тандурустӣ - 71404 ҳазор сомонӣ.
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ - 479507 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- суғуртаи иҷтимоӣ - 265349 ҳазор сомонӣ;
- ҳифзи иҷтимоӣ - 34865 ҳазор сомонӣ;
- фаъолияти дигар дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ - 179293 ҳазор сомонӣ.
Чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ, солим-гардонӣ ва ҷамъиятӣ - 366166 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:   
- чорабиниҳои варзишӣ - 4480 ҳазор сомонӣ;
- муассисаҳои фарҳангию маърифатӣ - 56194 ҳазор сомонӣ;
- воситаҳои ахбори омма - 88575 ҳазор сомонӣ;
- фаъолияти дигар дар соҳаи чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ ва варзишӣ - 216917 ҳазор сомонӣ.
Хоҷагии манзилию коммуналӣ, ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал - 65229 ҳазор сомонӣ.
Комплекси сӯзишворию энергетикӣ - 1580427 ҳазор сомонӣ.
Соҳаҳои кишоварзӣ, заминсозӣ ва хоҷагии об - 112721 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- чорабиниҳои зиддиэпизоотикӣ - 2500 ҳазор сомонӣ;
- барномаи рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ - 400 ҳазор сомонӣ;
- барномаи мубориза бар зидди малах - 4268 ҳазор сомонӣ;
- барномаи мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон ва касалиҳои боғу токзор   - 2230 ҳазор сомонӣ;
- дигар барномаҳо дар соҳаи кишоварзӣ, хароҷоти заминсозӣ ва хоҷагии об - 103323 ҳазор сомонӣ.
Истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, саноати истихроҷи маъдани кӯҳӣ ва сохтмон - 133765 ҳазор сомонӣ.
Нақлиёт ва коммуникатсия - 171983 ҳазор сомонӣ.
Соҳаҳои дигари иқтисодиёт ва хизматрасонӣ - 36398 ҳазор сомонӣ.
Чорабиниҳои дигар - 1991720 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла: 
- хизматрасонӣ аз рӯи қарзҳои давлатӣ - 487412 ҳазор сомонӣ;
аз онҳо:
-хизматрасонӣ аз рӯи қарзҳои беруна - 409405 ҳазор сомонӣ;
-хизматрасонӣ аз рӯи қарзҳои дохилӣ - 78007 ҳазор сомонӣ;
- хароҷоти шаҳри Душанбе барои амалӣ намудани вазифаҳои пойтахт - 11000 ҳазор сомонӣ,
- Фонди хароҷоти пешбининашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 62671 ҳазор сомонӣ;
- хароҷоти дигаре, ки аз рӯи соҳаҳои иқтисодиёт гурӯҳбандӣ нашудааст - 1430637 ҳазор сомонӣ.
 
Моддаи 8. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи гурӯҳбандии иқтисодӣ
 
Дар соли 2015 хароҷоти вазорату идораҳо, ташкилотҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи гурӯҳбандии иқтисодӣ дар ҳаҷми зерин муқаррар карда шавад: 
а) хароҷоти ҷорӣ - 5165481 ҳазор сомонӣ.
Хароҷот барои хариди мол ва хизматрасонӣ - 3271269 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- музди меҳнат ва маош - 1200104 ҳазор сомонӣ;
- маблағҷудокуниҳои андозӣ - 154072 ҳазор сомонӣ;
- хароҷот барои мол ва хизматрасонӣ - 1917093 ҳазор сомонӣ, 
аз онҳо:
- пардохти хизматрасонии коммуналӣ - 71165 ҳазор сомонӣ;
- пардохти хизматрасонии алоқа - 52015 ҳазор сомонӣ;
- хариди таҷҳизот ва хизматрасонӣ - 1793913 ҳазор сомонӣ. 
Хизматрасонии қарзҳои дохилӣ ва беруна - 487412 ҳазор сомонӣ.
Кумаки молиявӣ (субсидия) ва интиқоли дигари маблағҳои ҷорӣ (трансферт) - 1406800 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- кумаки молиявӣ (субсидия) - 71137 ҳазор сомонӣ;
- интиқоли маблағ (трансферт) - 950472 ҳазор сомонӣ;
- пардохти нафақа - 164526 ҳазор сомонӣ;
- дигар кумакпулиҳои иҷтимоӣ - 220665 ҳазор сомонӣ;
б) хароҷоти асосӣ - 2443036 ҳазор сомонӣ, 
аз ҷумла:
 - маблағгузории асосии мутамарказ - 2319400 ҳазор сомонӣ;
 - захираи воситаҳои гардони моддӣ - 23749 ҳазор сомонӣ;
- хароҷоти дигари сармоягузориҳои асосӣ - 99887 ҳазор сомонӣ;
в) қарздиҳии дохилӣ - 5392 ҳазор сомонӣ.
 
Моддаи 9. Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015 ба маблағи 250684 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
 
Моддаи 10. Маблағи мақсадноки (субвенсияи) аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои Вилояти
                      Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи
                       ҷумҳурӣ ҷудошаванда
 
1. Ҳаҷми маблағи мақсадноки (субвенсияи) аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷудошаванда ба маблағи 808682 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад, аз ҷумла барои:
- Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - 160637 ҳазор сомонӣ;
- вилояти Хатлон - 472737 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Варзоб - 12647 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Рашт - 35386 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Ҷиргатол - 26044 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Нуробод - 22146 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Тавилдара - 15154 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Тоҷикобод - 17630 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Файзобод - 18216 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Шаҳринав - 18085 ҳазор сомонӣ;
- шаҳри Турсунзода - 10000 ҳазор сомонӣ.
2. Маблағи мақсаднок (субвенсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои мувозинати қисми даромад ва қисми хароҷот аз рӯи иҷрои воқеии буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо карда шавад.
 
Моддаи 11. Маблағи нақди гардони хазинавии буҷети ҷумҳуриявӣ
 
Маблағи нақди гардони хазинавии буҷети ҷумҳуриявӣ ба 1 январи соли 2016 ба маблағи 203172 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
 
Моддаи 12. Ҳаҷми умумии даромад ва хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ
 
1. Дар соли 2015 ҳаҷми буҷетҳои маҳаллӣ аз рӯи даромад бо назардошти субвенсияе, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо карда мешавад, ба маблағи 4509487 ҳазор сомонӣ, хароҷот ба маблағи 4517529 ҳазор сомонӣ ва касри буҷет ба маблағи 8042 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1037 ҳазор сомонӣ, вилояти Хатлон 5745 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Варзоб 140 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Рашт 247 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Ҷиргатол 167 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Нуробод 145 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Тавилдара 91 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Тоҷикобод 109 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Файзобод 172 ҳазор сомонӣ ва ноҳияи Шаҳринав 189 ҳазор сомонӣ муайян карда шавад.
2. Касри буҷетҳои маҳаллӣ дар соли 2015 аз ҳисоби иҷрои барзиёди даромад ва маблағҳои озоде, ки ба ҳолати 1 январи соли 2015 ба вуҷуд омадааст, пӯшонида мешавад.
 
Моддаи 13. Таносуби воридоти андозӣ ва ғайриандозӣ ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ
 
1. Дар соли 2015 ба буҷети ҷумҳуриявӣ даромади андозӣ ва ғайриандозии зерин ворид карда шавад:
- андоз аз фурӯши нахи пахта ва алюминийи аввалия 100 фоиз;
- боҷи гумрукӣ 100 фоиз;
- андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз, ки ба воситаи мақомоти гумрук ворид мешавад 100 фоиз;
- дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва даромадҳои ғайриандозии умумидавлатӣ (инчунин муҷозоти ҷаримавии онҳо), хироҷи ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 100 фоиз;
- аз Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» - андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, андоз аз фоида, инчунин андоз аз захираҳои табиӣ (роялти барои об) аз неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» 100 фоиз;
- аз Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком» - андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз фоида 100 фоиз;
- аз Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи Тоҷик» - андоз аз арзиши иловашуда 100 фоиз;
- аз Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» - андоз аз фоида 100 фоиз;
- аз марказҳои идораи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, намояндагиҳои дипломатӣ, консулгариҳо ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда - андози даромад 100 фоиз;
- аз ширкатҳои алоқаи мобилӣ - андоз аз арзиши иловашуда ва андози аксизӣ (ба истиснои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком») 100 фоиз;
- аз Бонки миллии Тоҷикистон - андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз даромад ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 100 фоиз.
2. Дар соли 2015 ҳиссаҷудокунии маблағ аз андоз ва даромади умумидавлатӣ, ки аз андозсупорандагони дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта ворид мешаванд, ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ аз рӯи таносубҳои зерин тасдиқ карда шавад:
- андоз аз арзиши иловашуда:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат) - 100 фоиз;
аз шаҳри Душанбе - 40 фоиз ба буҷети шаҳр ва 60 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз шаҳри Ваҳдат - 45 фоиз ба буҷети шаҳр ва 55 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
- андоз аз фоида:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо - 100 фоиз;
- андоз аз даромад:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз вилояти Суғд, шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат ва Роғун) - 100 фоиз;
аз вилояти Суғд - 76 фоиз ба буҷети вилоят ва 24 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз шаҳри Душанбе - 45 фоиз ба буҷети шаҳр ва 55 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз шаҳри Ваҳдат - 49 фоиз ба буҷети шаҳр ва 51 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз шаҳри Роғун - 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
- андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз вилояти Суғд, шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ) - 100 фоиз;
аз вилояти Суғд - 75 фоиз ба буҷети вилоят ва 25 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз шаҳри Душанбе - 41 фоиз ба буҷети шаҳр ва 59 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз ноҳияи Рӯдакӣ - 28 фоиз ба буҷети ноҳия ва 72 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ; 
аз шаҳри Ваҳдат - 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
- аксизҳо:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо - 100 фоиз;
- низоми махсуси андозбандӣ:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо - 100 фоиз;
- андозҳои маҳаллӣ, дигар пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ ва воридоти дигари ғайриандозии маҳаллӣ:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо - 100 фоиз.
 
Моддаи 14. Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа
 
1. Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа барои соли 2015 аз рӯи даромад ба маблағи 2314070 ҳазор сомонӣ ва хароҷот ба маблағи 2379070 ҳазор сомонӣ бо барзиёдии хароҷот нисбат ба даромад ба маблағи 65000 ҳазор сомонӣ мувофиқи замимаи 2 тасдиқ карда шавад. Касри буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба маблағи 65000 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ пӯшонида мешавад.
2. Дар соли 2015 даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ, хароҷоти он барои пардохти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ҳаҷми маблағи мақсаднок (субвенсия), ки ба вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷудо карда мешавад, мувофиқи замимаи 3 тасдиқ карда шавад.
3. Дар соли 2015 ҳиссаҷудокунии маблағ аз андози иҷтимоӣ, ки аз андозсупорандагони дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта ворид мешавад, барои пардохти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ аз рӯи таносуби (фоизҳои) зерин тасдиқ карда шавад:
- дар шаҳри Душанбе 28,5 фоиз ба суратҳисоби Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳр ва 71,5 фоиз ба суратҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дар шаҳри Роғун 22,8 фоиз ба суратҳисоби шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳр ва 77,2 фоиз ба суратҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва дигар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 100 фоиз ба суратҳисоби раёсат ва шуъбаҳои дахлдори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
Моддаи 15. Имтиёзҳои андозӣ барои корхонаю ташкилотҳои алоҳида дар соли 2015
 
1. Дар соли 2015 барои воридоти гандум (ба истиснои воридоти гандум барои истеҳсоли молҳои зераксизӣ) ва таҳвили он андоз аз арзиши иловашуда ба меъёри 10 фоиз муқаррар карда шавад.
2. Дар соли 2015 воридоти нақлиёти коммуналию мусофиркашонӣ ва битуми тамғаи БНД 60/90, ки номгӯй ва миқдори онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардида, аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе харидорӣ мешавад ва барои пурра намудани парки нақлиёти мусофиркашонӣ ва таъмири асосии роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе равона мегардад, ҳамчунин воридоти гази табиӣ ва барқ аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.
3. Воридоти мазути камсулфур барои эҳтиёҷоти Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Маркази барқу гармидиҳӣ»-и шаҳри Душанбе, ки миқдори он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад, аз андоз аз арзиши иловашуда, аксизҳо ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.
4. Дар соли 2015 воридоти 1 адад дастгоҳи бофандагӣ барои эҳтиёҷоти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Қолинҳои Суғд», таҷҳизот, технология ва масолеҳи сохтмонии аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хуаҷиан Ғаюр Индастриал» барои сохтмони заводҳои истеҳсоли гипсокартон ва ғӯрагач (шпаклёвка) дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон воридшаванда, ки номгӯй ва миқдори онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд ва инчунин воридоти чорвои хушзот аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад. (ҚҶТ аз 2.06.15 с., № 1205)
5. Дар соли 2015 воридоти ангишт ба миқдори 7200 тонна барои қонеъ гардонидани талаботи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, қисмҳои эҳтиётӣ ва ҷузъҳои алоҳидаи барои васлкунии тракторҳо ва мошинҳои кишоварзӣ таъйингардида, ки барои Ҷамъияти муштараки саҳомии пӯшидаи «ТоҷИрон» ворид мегарданд ва таҳвили тракторҳо, комбайнҳо ва мошинолоти кишоварзии истеҳсоли Ҷамъияти муштараки саҳомии пӯшидаи «ТоҷИрон» аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд. (ҚҶТ аз 4.11.15 с., № 1227)
6. Дар соли 2015 иҷрои кор ва хизматрасонии фармоишгар ва пудратчии асосӣ оид ба сохтмони меҳмонхонаи «Исмоили Сомонӣ», воқеъ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе, аз пардохти андозҳои зерин озод карда мешавад:
- андоз аз арзиши иловашуда;
- андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард;
- андоз аз фоида.
Фармоишгар ва пудратчии асосии иншооти мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
Воридоти мол аз ҷониби фармоишгар ва пудратчии асосӣ барои сохтмони иншооти дар қисми 6 моддаи мазкур зикршуда тибқи номгӯй ва дар ҳаҷми тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад.
7. Дар соли 2015 иҷрои кор ва хизматрасонии фармоишгар ва пудратчии асосй оид ба сохтмони Театри миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андоз аз фонда озод карда мешаванд. (ҚҶТ аз 15.04.15 с., № 1203)
8. Дар соли 2015 иҷрои корҳои сохтмонӣ (аз ҷумла сохтмони нақбу пулҳо ва корҳои лоиҳавию ҷустуҷӯӣ) ва воридоти молу масолеҳ барои сохтмони хатти нави роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа (қитъаи Ваҳдат-Ёвон, азнавсозии фосилаҳои Роҳатӣ-Ваҳдат-Элок ва Қӯрғонтеппа-Ёвон) аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд. Номгӯй ва миқдори молу маводи сохтмониро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
9. Қисми фаъолияти корхонаҳои дар минтақаи Хатлон ҷойгирбудаи Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» (пойгоҳи вагонҳои боркашонии шаҳри Сарбанд, қитъаи роҳи Қӯрғонтеппа, истгоҳҳои роҳи оҳани Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Қурбоншаҳид, Олимтой, Данғара, Сангтӯда, Ёвон, Ҷалолиддини Румӣ, Бурёбоф, Қубодиён, Шаҳритус, Ҳошадӣ, пойгоҳи гардиши локомотивии Қӯрғонтеппа, қитъаи алоқа ва мухобироти Хатлон, қитъаи барқрасонии Хатлон, қитъаи Корхонаи воҳиди «Мусофирбар»-и Хатлон), ки бевосита ба хизматрасонии минтақаи роҳи оҳани Ҳошадӣ-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб тааллуқ дорад, аз пардохти андоз аз молу мулки ғайриманқул, андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андоз аз фоида озод карда мешаванд.
10. Воридоти қубурҳои пластики, насосҳои обкашӣ, таҷҳизоти барқӣ, зеристгоҳи барқӣ, қисмҳои эҳтиётии насосҳои обкашӣ, таҷҳизоти барқӣ ва зеристгоҳи барқӣ аз ҷониби Ширкати муштараки Хитой- Тоҷикистон «Ҷунтай-Хатлон Синсилу» ва Ҷамъияти дорои масъулияти махдуди «Иттиҳоди Аграрии «Водии Заррин» аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукй озод карда мешавад.
Номгӯй ва миқдори қубурҳои пластикӣ, насосҳои обкашӣ, таҷҳизоти барқӣ, зеристгоҳи барқӣ, қисмҳои эҳтиётии насосҳои обкашӣ, таҷҳизоти барқӣ ва зеристгоҳи барқиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
(ҚҶТ аз 17.06.15 с., № 1206)
11. Дар соли 2015 иҷрои кор ва хизматрасонӣ аз ҷониби фармоишгар ва пудратчиёни сохтмони муассисаҳои таълимӣ: барои 1200 ҷойи нишаст дар маҳаллаи 104 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, барои 1200 ҷойи нишаст дар деҳаи Элоки Ҷамоати деҳоти «Қалъаи Дашт» -и ноҳияи Файзобод, барои 640 ҷойи нишаст дар деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ, барои 640 ҷойи нишаст дар деҳаи Чиртаки шаҳри Ваҳдат, барои 640 ҷойи нишаст дар мавзеи «Данғараи боло» -и ноҳияи Данғара ва сохтмону азнавтаъмиркунии 20 км роҳи автомобилгард дар ноҳияи Данғара аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андоз аз фоида озод карда мешаванд.
Воридоти мол аз ҷониби фармоишгар ва пудратчии асосӣ барои сохтмони иншоотҳои мазкур тибқи номгӯй ва дар ҳаҷми тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.
(ҚҶТ аз 26.06.15 с., № 1207)
12. Воридоти таҷҳизот, дастгоҳ ва дигар лавозимоти зарурӣ барои муҷаҳҳазгардонии иншоотҳои Маҷмааи тандурустии «Пойтахт – 90» тибқи номгӯй ва миқдори муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти  андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шавад.
(ҚҶТ аз 15.10.15 с., № 1226)
13. Дар соли 2015 ба маблағи қарзи андозҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО-и Сангтӯда-1», ки аз ҳисоби таҳвили қувваи барқ ба Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ба вуҷуд омадааст, фоизҳое, ки тибқи моддаи 73 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд, ҳисоб карда намешаванд.
(ҚҶТ аз 23.12.15 с., № 1258)
 
Моддаи 16. Ҳиссагузорӣ ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт аз ҳисоби
                      иҷрои барзиёди даромади буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ
 
Муқаррар карда шавад, ки дар соли 2015 аз иҷрои барзиёди қисми даромади буҷетҳои тасдиқшудаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳо ва иҷрои барзиёди қисми даромади буҷети тасдиқшудаи ҷумҳуриявӣ 20 фоизи маблағ ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт равона карда мешавад.
 
Моддаи 17. Муқаррарот оид ба ҷойгиркунии депозитҳои буҷети ҷумҳуриявӣ дар бонкҳо
 
Ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад, ки дар соли 2015 бо мақсади зиёд намудани даромади буҷет аз ҳисоби фоиз аз рӯи депозитҳои буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, ки ба 1 январи соли 2015 ба вуҷуд омадаанд, онҳоро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати кӯтоҳмуддат дар давраи соли буҷетӣ ҷойгир намояд.
 
Моддаи 18. Моддаҳои ҳимояшавандаи Буҷети давлатӣ
 
1. Дар соли 2015 ба моддаҳои ҳимояшавандаи хароҷот музди меҳнат, маблағҷудокунӣ барои суғуртаи иҷтимоӣ, стипендия, нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулӣ дохил карда шаванд.
2. Дар сурати зарурат ва мавҷуд будани сарфа аз рӯи моддаҳои дахлдори хароҷот, дар ҳолати набудани қарз аз рӯи онҳо, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои маҳаллии он метавонанд тибқи тартиби муқарраргардида ба маблағгузории моддаҳои хароҷоти мақомоти дахлдор тағйирот ворид намоянд.
 
Моддаи 19. Воридот ба Буҷети давлатӣ аз ҳисоби маблағи махсуси ташкилотҳои буҷетӣ ва
                      муқаррарот оид ба хароҷоти маблағи махсус
 
1. Маблағҳои махсуси вазоратҳо, идораҳо, ташкилотҳои аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда дар даромаду хароҷоти ташкилотҳои дахлдори буҷетӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд. Ҳамзамон 35 фоизи маблағҳои махсуси Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20 фоизи маблағҳои махсуси Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, 5 фоизи маблағҳои махсуси муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, 10 фоизи маблағҳои махсуси муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф, илм, фарҳанг, дастгоҳҳои марказӣ ва сохтори Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, 15 фоизи маблағҳои махсуси дигар муассиса ва ташкилотҳои буҷетӣ, ба истиснои маблағҳои грантӣ ва сарпарастӣ, ҳар семоҳа ба буҷети дахлдор ворид карда мешаванд.
2. Ба муассисаҳои буҷетӣ истифодаи маблағҳои махсус (ба истиснои маблағҳои грантӣ ва сарпарастӣ) берун аз низоми хазинадорӣ манъ аст.
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати аз ҳаҷми маблағи дар Буҷети давлатӣ тасдиқшуда кам ва ё зиёд ворид гардидани маблағҳои махсуси муассисаҳои буҷетӣ, мувофиқан дар сметаи даромад ва хароҷоти онҳо ва дар қисми даромад ва хароҷоти Буҷети давлатӣ метавонад тағйироти дахлдор ворид намояд.
4. Дар соли 2015 дар сурати иҷро нагардидани даромади Буҷети давлатӣ, маблағгузории хароҷот, аз ҷумла пардохти музди меҳнати дар буҷет пешбинишудаи вазорату идораҳо ва ташкилотҳое, ки маблағҳои махсус доранд, аз ҳисоби ин маблағҳо амалӣ карда мешавад.
5. Дар соли 2015 50 фоизи маблағи аз додани сертификат бадастовардаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои 2758619 сомонӣ, ки ба пудратчии сохтмони бинои гузаргоҳи назоратӣ ва бино барои вохӯрии сарҳадчиён дар шаҳри Исфара пардохта мешавад, ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад. Боқии 50 фоизи маблағ аз ҳисоби додани сертификат дар ихтиёри Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон монда, тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 5.05.15 с., № 1204)
6. Дар соли 2015 маблағе, ки аз ҳисоби хизматрасонии консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои бурунмарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегардад, баъди пардохт ба буҷет мутобиқи қисми 1 ҳамин модда дар сметаи даромаду хароҷоти идораҳои мазкур ба ҳисоб гирифта, барои маблағгузории фаъолияти онҳо ва сохтмони биноҳои маъмурӣ равона карда мешавад.
7. Бақияи маблағҳои буҷетӣ ва махсуси дар суратҳисобҳои намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои бурунмарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба 1 январи соли 2015 ба вуҷуд омадааст, ба буҷети ҷумҳуриявӣ баргардонида намешавад ва хусусияти мақсаднок дошта, барои маблағгузории хароҷоти буҷети соли 2015 пешбинишуда равона карда мешаванд.
 
Моддаи 20. Суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории
                        сохтмони иншооти муҳими давлатӣ
 
1. Дар соли 2015 воридот ба суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ ба андозаи 5 фоиз аз иҷрои барзиёди қисми даромади буҷетҳои тасдиқшудаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳо, инчунин 10 фоизи маблағи махсуси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 фоизи маблағи махсуси муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти шиносномадиҳию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоту муассисаҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, ба истиснои муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муқаррар карда шавад. Дастурамал оид ба ворид намудани маблағҳо ба суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ бо тартиби муқарраргардида аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
2. Хароҷоти маблағҳо аз суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
 
Моддаи 21. Имтиёзҳо барои хизматчиёни харбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти қудратӣ
 
1. Имтиёзи рафтуомад ба маҳалли гузаронидани рухсатӣ барои хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи марказии Ташкилоти чамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои ҳарбӣ, Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар идораҳое, ки барои хизматчиёни онҳо дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин имтиёз пешбинӣ шудааст, як маротиба дар як сол дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда пардохта мешавад.
2. Пардохти ҷубронпулӣ дар сурати бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати казармавӣ гузаронидани хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, кормандони дигар мақомоте, ки дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амният иштирок мекунанд, дар доираи маблағе, ки тибқи Қонуни мазкур барои фонди музди меҳнат дар сметаҳои хароҷоти вазорату идораҳои дахлдор тасдиқ шудааст, анҷом дода мешавад.
 
Моддаи 22. Муқаррарот оид ба гузаронидани амалиёти молиявӣ аз буҷетҳои маҳаллӣ
                       тавассути Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»
 
Дар соли 2015 тамоми амалиёти молиявии буҷетҳои маҳаллӣ, ки тавассути Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Точикистон «Амонатбонк» гузаронида мешаванд, ба тариқи музднок анҷом дода мешаванд. Инчунин аз рӯи ҳамаи депозитҳои мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Точикистон «Амонатбонк» ҷойгир карда мешаванд, барои истифодаи онҳо аз ҷониби бонки мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фоиз дода мешавад.
 
Моддаи 23. Муқаррарот оид ба ҳавасмандгардонии кормандон ва инкишофи заминаи
                      моддию техникии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва
                      Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз 1 январи соли 2015 барои ҳавасмандгардонии кормандон ва инкишофи заминаи моддию техникии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 фоизи маблағи умумии пинҳонкардашудаи (кам нишондодашудаи) андоз, фоиз ва ҷарима аз рӯи онҳо ба истиснои андози иҷтимоӣ, ки дар ҷараёни фаъолияти назоратӣ ошкор гардидаанд, ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 50 фоизи хироҷи гумрукӣ ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равон карда мешаванд. Маблағи зикргардида бо тартиби марказонидашуда 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ ворид гардида, барои маблағгузории тадбирҳои дар моддаи мазкур пешбинишуда истифода мешаванд ва тартиби дар моддаи 19 Қонуни мазкур пешбинигардида нисбат ба онҳо татбиқ намегардад.
 
Моддаи 24. Андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо
 
Аз 1 январи соли 2015 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷиҳати ҳисобкунии андоз, боҷ, дигар пардохтҳои ҳатмӣ, муҷозоти ҷаримавӣ, пардохтҳои иҷтимоӣ, инчунин барои ҳисобкунии ин ё он бузургиҳои арзишии ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ), ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд, дар ҳаҷми 40 сомонӣ муқаррар карда шавад.
 
Моддаи 25. Муқаррарот оид ба пардохти маблағ тибқи ҳалномаҳои суд ва ба буҷет ворид
                       намудани ҷаримаҳо ва дигар пардохтҳо ҳангоми риоя накардани қонунгузории
                       Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
1. Муқаррар карда шавад, ки ҳалномаҳои суд дар бораи рӯёнидани зарари моддию маънавӣ, ки аз тарафи кормандони мақомоти идоракунии давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми адои вазифаҳои хизматӣ расонида шудааст, аз ҳисоби маблағи сметаи хароҷоти онҳо амалӣ карда мешавад.
2. Муқаррар карда шавад, ки маблағи аз ҳисоби татбиқи чораҳои маҷбуркунӣ барои риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла аз ҳисоби мусодираи молу мулк, ҷарима, пеня, ҷубронпулӣ воридшуда ва ҳамчунин ҷуброни зарари молиявии дар натиҷаи риоя накардани интизоми молиявӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ расондашуда ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад.
 
Моддаи 26. Тасдиқи ҳисобот оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
                       дар соли 2013
 
1. Ҳисобот оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 аз рӯи даромад ба маблағи 12276621 ҳазор сомонӣ, аз рӯи хароҷот ба маблағи 11591551 ҳазор сомонӣ бо барзиёдии даромад нисбат ба хароҷот ба маблағи 685070 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад. 
2. Хароҷоти воқеии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 барои пардохти уҳдадориҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пардохти қарзи асосии беруна ба маблағи 454613 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
 
Моддаи 27. Муқаррарот оид ба ворид намудани тағйирот ба Буҷети давлатӣ
 
1. Дар мавриди барзиёд ё кам иҷро гардидани қисми даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба қисмҳои даромад ва хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2015 мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бе тағйир додани ҳаҷми касри буҷет тағйирот ворид намояд.
2. Бо сабаби тағйир ёфтани ҳаҷми истеҳсолот (кор ва хизматрасонӣ), андозаи нарх ва заминаи андозбандӣ, инчунин тағйирёбии сохтории ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулнамудаи мақомоти давлатӣ бармеоянд, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷетҳои дахлдор тағйирот ворид намуда, бо тартиби муқарраргардида дар байни буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва буҷетҳои маҳаллӣ ҳисоби байниҳамдигариро мегузаронад.
3. Мақомоти молияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе чунин ҳисоби байниҳамдигариро дар байни буҷетҳои маҳаллии дахлдор метавонанд амалӣ намоянд.
 
Моддаи 28. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
 
Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2015 мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                              ЭмомалӢ РАҲМОН
 
ш. Душанбе, 24 ноябри соли 2014,
№1132
 
 
ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015»
 
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» қабул карда шавад.
2. Нишондиҳандаҳои даромад ва хароҷоти Буҷети давлатӣ барои:
- соли 2016 аз рӯи даромад ба маблағи 17320794 ҳазор сомонӣ, аз рӯи хароҷот ба маблағи 17621194 ҳазор сомонӣ ва касри буҷет ба маблағи 300400 ҳазор сомонӣ ё 0,5 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ;
- соли 2017 аз рӯи даромад ба маблағи 18856447 ҳазор сомонӣ, аз рӯи хароҷот ба маблағи 19198447 ҳазор сомонӣ ва касри буҷет ба андозаи 342000 ҳазор сомонӣ ё 0,5 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ тасдиқ карда шавад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи миёнамуҳлат қарорҳоеро, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузориро талаб менамоянд, дар доираи нишондиҳандаҳои муқаррарнамудаи хароҷоти Буҷети давлатӣ барои солҳои 2015 -2017 қабул намояд. Ҳангоми пешниҳод намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» мувофиқи тағйирёбии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва тараққиёти соҳаҳои иқтисодиёт нишондиҳандаҳои Буҷети давлатиро барои солҳои 2016-2017 аниқ намояд.
3. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ назорати иҷрои буҷетро ба роҳ монда, истифодаи мақсадноку самарабахши маблағҳои буҷетиро аз ҷониби маблағгирандагон таҳлил ва ҳангоми зарурат натиҷаи таҳлилро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ҳаҷми умумии Буҷети давлатии тасдиқшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли 2015 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи 15278362 ҳазор сомонӣ ва ҳаҷми умумии хароҷот ба маблағи 15542463 ҳазор сомонӣ бо барзиёдии хароҷот нисбат ба манбаъҳои маблағгузорӣ 264100 ҳазор сомонӣ барои иҷро қабул намояд;
- маблағгузории чорабиниҳои дар буҷет пешбинишударо дар доираи маблағҳои тасдиқшуда мутаносибан баробари даромади воқеӣ таъмин намояд;
- бо мақсади кам кардани бақияпулӣ аз рӯи пардохти андозҳо ва пардохтҳои иҷтимоии солҳои гузашта, бо назардошти зарурати ихтисор кардани қарзи муассисаҳои буҷетӣ аз корхонаҳо ва ташкилотҳо, ки то 1 январи соли 2015 ба вуҷуд омадааст, инчунин қарзи ташкилотҳои буҷетӣ аз рӯи андозҳо, мувофиқи тартиби муқарраргардида бе тағйир додани иҷрои воқеии даромад ва хароҷоти буҷет ҳисоббаробаркуниро байни онҳо гузаронад;
- оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015 ҳар се моҳ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот диҳад;
- дар бораи истифодаи маблағҳои Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисод ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи солона пешниҳод намояд;
- тавассути воситаҳои ахбори омма ҳар се моҳ аз рафти иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015 маълумот диҳад.
5. Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки:
- пӯшонидани касри буҷети ҷумҳуриявиро ба маблағи 85,0 млн. сомонӣ бо роҳи барориши векселҳои давлатии хазинадорӣ, инчунин ҷалби қарзҳои имтиёзнок аз Фонди зиддибуҳронии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва дигар ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ амалӣ намояд.
6. Бонки миллии Тоҷикистон:
- якҷоя бо Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бонкҳои тиҷоратии ҷумҳурӣ аз рӯи меъёрҳои муқаррарнамудаи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» сари вақт ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ гузарондани андозу даромадҳоро таъмин намояд;
- аз рӯи амалиёти вобаста ба хизматрасонии уҳдадориҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати агенти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, иҷрои ҳисобу китоб ва пардохтҳоро оид ба уҳдадориҳои қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд;
- барои сари вақт иҷро кардани пардохтҳои асъории Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015 мубодилаи маблағҳои буҷетиро ба асъори хориҷӣ мувофиқи дархости Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи қурби расмии бозори байнибонкии асъор таъмин намояд.
7. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия вогузор карда шавад.
 
Раиси
Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                      Ш. ЗУҲУРОВ
 
ш. Душанбе, 19 ноябри соли 2014,
№ 1673