ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2065 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2033 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.02.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2026 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.01.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2003

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Чшб, 19/02/2020 - 10:14
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
91
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
27.12.2002
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2003
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2002, №11, мод. 756; соли 2003, №7, мод. 385; соли 2003, №12, мод. 702)
 
   Моддаи 1. Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2003 аз рўи даромад ба маблағи 637018 ҳаз. сомонӣ ва аз рўи хароҷот ба маблағи 655018 ҳаз. сомонӣ бо барзиёдии хароҷот нисбат ба даромад ба маблағи 18000 ҳаз. сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Андозаи ниҳоии касри Буҷети давлатӣ барои соли 2003 ба маблағи 18000 ҳаз. сомонӣ ё 0,5 фоизи Маҷмўи  Маҳсулоти  Дохилӣ муқаррар карда шавад. Манбаи пўшондани касри буҷет ба таври зайл муайян карда шавад:
  • даромад аз хусусигардонии моликияти  давлатӣ           – 7500 ҳаз. сомонӣ;
  • аз фурўши векселҳои хазинадорӣ                                            – 2200 ҳаз. сомонӣ;
  • қарзи Бонки умумиҷаҳонӣ                                                          – 8300 ҳаз. сомонӣ
Нишондиҳандаи васеи касри буҷет бо назардошти маблағгузории берунӣ аз рўи Барномаи сармоягузории давлатӣ барои соли 2003 ба маблағи 123 000 ҳаз. сомонӣ, ё  ки 3, 4 фоиз нисбати Маҷмўи  Маҳсулоти  Дохилӣ  муқаррар карда шавад.
Маблағгузории пардохти қарзи асосии берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 150886 ҳаз. сомонӣ аз ҳисоби қарзҳои Бонки умумиҷаҳонӣ, Бонки Рушди Осиё ва гранти Иттиҳоди Аврупо муайян карда шавад.
Воридот, коркард, фурўш ва хизматрасонии 25000 (бисту панҷ ҳазор) тонна мазути камсулфат  барои эҳтиёҷоти Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушоди «Маркази гарму барқдиҳии Душанбе», ки Ширкати саҳҳомию холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» тавассути Заводи алюминийи Тоҷикистон ворид менамояд, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда шавад.
     
Моддаи 2. Буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2003 аз рўи даромад ба маблағи 427568 ҳаз. сомонӣ ва аз рўи хароҷот ба маблағи 445568 ҳаз. сомонӣ ва касри он  ба маблағи 18000 ҳаз. сомонӣ тасдиқ карда шавад.
 
Моддаи 3. Буҷети Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2003 аз рўи даромад ва хароҷот ба маблағи     95000 ҳаз. сомонӣ тасдиқ карда шавад.
 
Моддаи 4. Муқаррар карда шавад, ки дар соли 2003 ба буҷети ҷумҳуриявӣ андоз ва даромадҳои ғайриандозии зерин ворид карда мешаванд:
- андоз аз фурўш                                                                                             - 100 фоиз;
- боҷҳои гумрукӣ  ва дигар пардохтҳои гумрукӣ                                - 100 фоиз;
- андози замин                                                                                  - 15 фоиз;
- андоз аз арзиши иловашуда, ки аз тариқи
  мақомоти гумрук ворид мешавад                                                          - 100 фоиз;
- аксизҳо, ки аз тариқи мақомоти гумрук
  ворид мешаванд                                                                                            - 100 фоиз;
- боҷ  ва воридоти даромадҳои ғайриандозии аҳамияти
  ҷумҳуриявӣ дошта, ҳамчунин пардохт барои дохил шудан ба
  қаламрав ва истифодаи роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии
  Тоҷикистон                                                                                                      - 100 фоиз.
 
Моддаи 5. Барои соли 2003 фоизи пардохт аз андоз ва даромадҳои умумидавлатӣ аз андозсупорандагоне, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ ҷойгир шудаанд, ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ ба андозаҳои зерин тасдиқ карда шавад:
а) андоз аз арзиши иловашуда:
ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо   (ғайр  аз  вилояти  Суғд,  шаҳри  Душанбе ва  шаҳри Турсунзода) – 100 фоиз;
вилояти Суғд – 50 фоиз ба буҷети вилоят ва 50 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
шаҳри Душанбе – 50 фоиз ба буҷети шаҳр ва 50 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
шаҳри Турсунзода – 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
б) аксизҳо:
вилояти Хатлон, шаҳри Кофарниҳон, ноҳияҳои Ҳисор, Ленин ва Шаҳринав – 100 фоиз ба буҷетҳои маҳаллӣ.
дигар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо – 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
в) андози фоида аз шахсони ҳуқуқӣ ва андоз аз амволи корхонаҳо:
ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз шаҳри Душанбе ва шаҳри Турсунзода) – 100 фоиз;
шаҳри Душанбе – 50 фоиз ба буҷети шаҳр ва 50 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
шаҳри Турсунзода – 40 фоиз ба буҷети шаҳр ва 60 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
г) андози  даромад аз  шахсони воқеӣ:
ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз шаҳри Турсунзода) – 100 фоиз;
шаҳри Турсунзода - 34 фоиз ба буҷети шаҳр ва 66 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
д) андози замин – 85 фоиз ба буҷетҳои маҳаллӣ;
е) андозе, ки аз ҷониби субъектҳои соҳибкории хурд тибқи системаи соддакардашуда пардохта мешавад:
ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз шаҳри Турсунзода) – 100 фоиз;
шаҳри Турсунзода – 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
ж) андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард:
ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳри Турсунзода)– 100 фоиз;
вилояти Суғд – 40 фоиз ба буҷети вилоят, 60 фоиз – ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
шаҳри Душанбе – 39 фоиз ба буҷети шаҳр, 61 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
шаҳри Турсунзода – 20 фоиз ба буҷети шаҳр ва 80 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
з) андоз аз истифодабарандагони конҳо (қаъри замин) – 100 фоиз ба буҷетҳои маҳаллӣ;
и) боҷи давлатӣ – 100 фоиз ба буҷетҳои маҳаллӣ;
к) андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт – 100 фоиз ба буҷетҳои маҳаллӣ;
л) андозу боҷҳои маҳаллӣ (андоз аз амволи ғайриманқули шахсони воқеӣ, андоз аз фурўши чакана, андоз барои нигоҳ доштани нақлиёти ҷамъиятии мусофиркаш, пардохти патент, боҷ ва даромадҳои ғайриандозӣ, ки аҳамияти маҳаллӣ доранд) – 100 фоиз ба буҷетҳои маҳаллӣ;
м) аз Роҳи оҳани Тоҷикистон, корхонаҳои тобеи Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати давлатии саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва Заводи Алюминии Тоҷикистон андоз аз арзиши иловашуда, андози фоида ва андоз аз  амволи корхонаҳо – 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
Аз Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» андози  фоида ва андоз аз амвол – 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
н)  муайян карда шавад, ки воридот аз андози замин ба даромадҳои буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ дохил кардашуда, бо тартиби  муқарраргардидаи Қонуни мазкур истифода бурда мешавад.
 
Моддаи 6. Андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард дар соли 2003 бо меъёри (ставкаи) 2,5 фоиз ва барои корхонаҳои савдо, маҳсулоттайёркунӣ, таъминотию фўруш 0,7 фоиз муқаррар карда шавад.
Маблағи аз андози мазкур воридшуда мутаносибан 0,5 ва 0,2 фоиз аз меъёрҳои (ставкаи) муқарраршуда барои маблағгузории иншоотҳои муҳими ҷумҳурӣ равона карда шавад.
 
Моддаи 7.  Дар соли 2003 меъёрҳои (ставкаи) андоз аз фурўши алюминийи аввалия – 2 фоиз, нахи пахта ба андозаи 10 фоиз муқаррар карда шавад.
Аз 1 январи соли 2003 аз андоз аз арзиши иловашуда интиқоли нахи пахта, алюминийи аввалия, воридоти гази табиӣ ва қувваи барқ озод карда шавад.
Аз 1 январи соли 2003 меъёри сифрии андоз аз арзиши иловашуда аз рўи интиқоли металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо барои пур кардани захираи Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои киматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хазинаи давлатии Тоҷикистони назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ карда шавад.
Ҳукумати шаҳри Душанбе аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда барои 20 адад мошин ва механизмҳои таъиноти коммуналӣ, 50 адад автобусҳои тамғаи «ЛиАЗ» ва 100 адад микроавтобусҳои тамғаи «ГАЗель», ки аз Федератсияи Руссия ворид карда мешаванд, озод карда шавад
 
Моддаи 8. Дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2003 даромад аз тамоми субъектҳои хоҷагидории дар қаламрави ҷумҳурӣ ҷойгирбуда ба маблағи умумии 427568 ҳаз. сомонӣ муқаррар карда шавад, аз ҷумла аз:
- андоз аз арзиши иловашуда                                                                    - 166 754 ҳаз. сомонӣ;
- аксизҳо                                                                                               - 35 863 ҳаз. сомонӣ;
- андоз аз фурўш (нахи пахта ва алюминийи
  аввалия)                                                                                                             - 66 636 ҳаз. сомонӣ;
- андози фоида аз шахсони ҳуқуқӣ                                                          - 8 121 ҳаз. сомонӣ;
- андоз аз амволи корхонаҳо                                                                       - 5 202 ҳаз. сомонӣ;
- андози даромад аз шахсони воқеӣ                                                        - 4 638 ҳаз. сомонӣ;
- даромад аз фаъолияти иқтисодии хориҷӣ
  (боҷи гумрукӣ ва дигар пардохтҳои гумрукӣ                                    - 72 508 ҳаз. сомонӣ;
- андози замин                                                                                                  - 1 888 ҳаз. сомонӣ;
- андоз аз истифодабарандагони роҳҳои
  автомобилгард                                                                                - 11 151 ҳаз. сомонӣ;
- андозу даромадҳои дигар                                                                          - 27 807 ҳаз. сомонӣ;
- грантҳо аз ташкилотҳои байналмиллалӣ                                           - 27 000 ҳаз. сомонӣ.
 
Моддаи 9. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ дар соли 2003 аз рўи тартиби тақсимоти вазифавӣ ба андозаи зерин тасдиқ карда шавад:
Барои маблағгузории мақомоти ҳокимият ва идоракунӣ                             - 71 630 ҳаз. сомонӣ;
аз ҷумла:
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                   - 1 081 ҳаз. сомонӣ;
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон    - 3 671 ҳаз. сомонӣ;
Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсӣ                                 - 1 038 ҳаз. сомонӣ;
Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                  - 21 152 ҳаз. сомонӣ
Раёсати хизмати давлатии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                    - 350 ҳаз. сомонӣ
Кумитаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                           - 2 123 ҳаз. сомонӣ;
Дастгирии сиёсати давлатии ҷавонон                                                    - 212 ҳаз. сомонӣ;
Сафарҳои хизматии  хориҷии мақомоти ҳокимият ва
идоракунии давлатии ҷумҳурӣ ва  кирояи (фрахти) тайёраҳо     - 3 000 ҳаз. сомонӣ;
Вазоратҳо ва идораҳои машғули сиёсати молиявӣ ва
андозию буҷетӣ                                                                                                - 12182 ҳаз. сомонӣ;
Вазоратҳо ва идораҳои машғули фаъолияти сиёсати
берунӣ                                                                                                                  - 20 424 ҳаз. сомонӣ;
Вазоратҳо ва идораҳои машғули хизматрасониҳое,
ки  барои соҳаҳои иқтисодиёт хусусияти умумӣ доранд                - 3 385 ҳаз. сомонӣ;
Барои тадқиқоти бунёдӣ ва илм                                                                - 3 012 ҳаз. сомонӣ;
аз онҳо:
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон                                         - 2 205 ҳаз. сомонӣ;
 
Маориф                                                                                                                             - 18 281 ҳаз. сомонӣ;
аз ҷумла:
Маълумоти миёна                                                                                          - 5 984 ҳаз. сомонӣ;
Маълумоти олӣ ва миёнаи махсус                                                           - 6 615 ҳаз. сомонӣ;
Илмҳои амалӣ дар соҳаи маориф                                                                           - 70 ҳаз. сомонӣ;
Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон                                          - 227 ҳаз. сомонӣ;
Дигар хароҷот дар соҳаи маориф                                                                            - 5 385 ҳаз. сомонӣ;
 
Нигаҳдории тандурустӣ                                                                                           - 8 131 ҳаз. сомонӣ;
аз ҷумла:
Беморхонаҳо                                                                                                      - 3 412 ҳаз. сомонӣ;
Духтурхонаҳо ва нуқтаҳои тиббӣ                                                                              - 96 ҳаз. сомонӣ;
Илмҳои амалӣ дар соҳаи
нигаҳдории тандурустӣ                                                                                - 190 ҳаз. сомонӣ;
Вазорати тандурустии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                  - 102 ҳаз. сомонӣ;
Дигар ташкилотҳо ва чорабиниҳои
соҳаи нигаҳдории тандурустӣ                                                                    - 4 331 ҳаз. сомонӣ;
 
Суғуртаи  иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ                                                            - 24 179 ҳаз. сомонӣ;
                   аз ҷумла:
Таъминоти нафақаи хизматчиёни давлатӣ                                         - 3 255 ҳаз. сомонӣ;
Пардохти ҷубронпулӣ барои дастгирии иҷтимоии аҳолӣ                             - 13 601 ҳаз. сомони;
Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии
аҳолии Ҷумхурии Тоҷикистон                                                                   - 257 ҳаз. сомони;
Ташкилотҳои ҳифзи иҷтимоии аҳол                                                       - 2 267 ҳаз. сомонӣ;
Дигар ташкилотҳо ва чорабиниҳои соҳаи
таъминоти иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ                                                 -  4 799 ҳаз. сомонӣ;
 
Ҳифзи табиат ва хоҷагии манзилию коммуналӣ                                      - 4 569 ҳаз. сомонӣ;
                   аз ҷумла:
Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                               - 2 134 ҳаз. сомонӣ;
Илмҳои амалӣ дар соҳаи ҳифзи табиат                                                 - 15 ҳаз. сомонӣ;
Корхонаи воҳиди давлатии
«Хоҷагии манзилию коммуналӣ»                                                                           - 300 ҳаз. сомонӣ;
 
Дигар хароҷот барои  хоҷагии
манзилию коммуналӣ                                                                                  - 2 120 ҳаз. сомонӣ;
 
Чорабиниҳои фарҳангӣ – оммавӣ,
солимгардонӣ  ва ҷамъиятӣ                                                                  - 13 746 ҳаз. сомонӣ;
                   аз ҷумла:
Телевизион ва радиошунавонӣ                                                                 - 7 250 ҳаз. сомонӣ;
Вазорати фарҳанги
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                  - 279 ҳаз. сомонӣ;
Илмҳои амалӣ дар соҳаи фарҳанг                                                           - 24 ҳаз. сомонӣ;
Кумитаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ                                                   - 504 ҳаз. сомонӣ;
Матбуоти даврӣ ва нашриёт                                                                       - 1 213 ҳаз. сомонӣ;
Ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва мукофоти давлатӣ
дар соҳаи фарҳанг                                                                                           - 447 ҳаз. сомонӣ;
Дигар чорабиниҳои соҳаи фарҳанг                                                         - 4 029 ҳаз. сомонӣ;
 
Комплекси сўзишворӣ – энергетикӣ                                                - 6 296 ҳаз. сомонӣ;
 
Хоҷагии қишлоқ, хоҷагии ҷангал,
моҳидорӣ ва шикор                                                                                    - 18 407 ҳаз. сомонӣ;
 
Истеҳсол ва коркарди канданиҳои фоиданок, саноати
истеҳсоли маъдани кўҳӣ ва сохтмон                                                 - 3 724 ҳаз. сомонӣ;
 
Нақлиёт ва коммуникатсия                                                                   - 30 246 ҳаз. сомонӣ;
 
Вазоратҳо ва идораҳои машғули
фаъолияти иқтисодӣ ва хизматрасонӣ                                                           - 3 434 ҳаз. сомонӣ;
 
Дигар чорабиниҳо                                                                                       - 99 447 ҳаз. сомонӣ;
                   аз ҷумла:
Хизматрасонии ўҳдадориҳои қарзӣ                                                        - 82 821 ҳаз. сомонӣ;
 
                   аз онҳо:
пардохти фоизҳои қарзи берунӣ                                                              - 62 821 ҳаз. сомонӣ;
пардохти фоизҳои қарзи дохилӣ                                                               - 20 000 ҳаз. сомонӣ;
 
Хароҷоти шаҳри  Душанбе барои амалӣ намудани
вазифаҳои пойтахт                                                                                          - 3 000 ҳаз. сомонӣ;
 
Фонди хароҷоти пешбининашудаи
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                             - 5 000 ҳаз. сомонӣ;
Хароҷоти дигаре, ки аз рўи соҳаҳои
иқтисодӣ гурўҳбандӣ нашудааст                                                              - 8 626 ҳаз. сомонӣ;
 
Моддаи 10. Муқаррар карда шавад, ки дар соли 2003 хароҷоти вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ аз рўи гурўҳбандии иқтисодӣ ба тариқи зайл сурат гирад:
 
I. Хароҷоти ҷорӣ                                                                                                           - 379 266 ҳаз. сомонӣ;
 
  1. Хароҷот барои молҳо ва хизматрасониҳо                                        - 213 499 ҳаз. сомонӣ
аз ҷумла:
Музди меҳнат ва хизматпулӣ                                                                     - 46 284 ҳаз. сомонӣ;
Маблағҷудокунӣ ба Фонди
ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ                                                                  - 5 301 ҳаз. сомонӣ;
Дигар хариди молҳо ва хизматрасониҳо                                               - 161 914 ҳаз. сомонӣ;
аз онҳо:
пардохт барои хизматрасонии алоқа                                                     - 6 270 ҳаз. сомонӣ;
пардохт барои хизматрасонии газ,
барқ ва об                                                                                                            - 4 009 ҳаз. сомонӣ;
хариди таҷҳизоти арзон, асбобу анҷом,
дигар молҳо ва хизматрасонӣ                                                                    - 151 635 ҳаз. сомонӣ;
 
2. Пардохти фоизҳо аз рўи қарзҳои
дохилӣ ва берунӣ                                                                                          - 82 821 ҳаз. сомонӣ;
 
3. Субсидияҳо ва дигар трансфертҳо                                                 - 82 946 ҳаз. сомонӣ;
аз онҳо:
субсидияҳо ба корхона ва
ташкилотҳои давлатӣ                                                                                    - 12 752 ҳаз. сомонӣ;
мабалағҳое, ки ба буҷетҳои маҳаллӣ
ба тариқи маблағҳои мақсаднок
дода мешаванд                                                                                 - 39 993 ҳаз. сомонӣ;
трансфертҳо ба ташкилотҳои
ғайритиҷоратӣ                                                                                  - 450 ҳаз. сомонӣ;
трансфертҳо ба аҳолӣ                                                                                    - 18 136 ҳаз. сомонӣ;
аз ҷумла:
таъминоти нафақавии
сохторҳои қудратӣ                                                                                          - 3 014 ҳаз. сомонӣ;
трансфертҳо ба ташкилотҳои хориҷӣ                                                     - 11 615 ҳаз. сомонӣ;
 
II. Хароҷоти асосӣ                                                                                         - 65 193 ҳаз. сомонӣ;
аз онҳо:
Хариди сармояи асосӣ                                                                  - 17 364 ҳаз. сомонӣ;
Маблағҳои асосии марказонидашуда                                                    - 45 300 ҳаз. сомонӣ
Ба даст овардани молҳо барои
ташкили захира                                                                               - 2 000 ҳаз. сомонӣ;
Трансфертҳои асосӣ                                                                                       - 529 ҳаз. сомонӣ;
 
III. Маблағҳои қарзӣ барои гурезаҳо, муҳоҷирон
ва хизматчиёни давлатӣ мувофиқи
қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                       - 1 109 ҳаз. сомонӣ.
 
Моддаи 11. Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2003 ба маблағи 12 000 ҳаз. сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Моддаи 12. Муқаррар карда шавад, ки дар соли 2003 ба моддаҳои ҳимояшаванда хароҷоти музди меҳнат, маблағҷудокунӣ барои суғуртаи иҷтимоӣ, стипендияҳо, нафақаҳо, ёрдампулиҳо, пардохти хизмати алоқа, истифодаи қувваи барқ, газ ва об дохил карда мешаванд.
Дар сурати иҷро нашудани қисми даромади буҷети давлатӣ ё мавҷуд будани сарфа аз рўи моддаҳои алоҳидаи хароҷот, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар маблағгузории хароҷот, ғайр аз моддаҳои ҳимояшаванда, тағйироти дахлдор ворид менамояд.
Моддаҳои ҳимояшавандаи хароҷот дар ҷараёни иҷрои буҷет сарфи назар аз дараҷаи касри буҷет, кам карда намешаванд ва иҷрои онҳо ҳатмӣ мебошад.
Муқаррар карда шавад, ки аз 1 январи соли 2003 маблағгузории хароҷоти Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба таъминоти  чорабиниҳои шуғли аҳолӣ, табобати санаторию курортӣ ва дигар мақсадҳои солимгардонии меҳнаткашон ҳамчун маблағҳои мақсадноки буҷетӣ ба воситаи Идораи марказии хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
 
Моддаи 13. Муқаррар карда шавад, ки маблағҳои ғайрибуҷетии (махсуси) вазоратҳо, идораҳо, ташкилоту муассисаҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда дар сметаи ягонаи даромаду хароҷоти ин ташкилотҳои буҷетӣ пешбинӣ шуда, ҳармоҳа дар ҳисоботи даромаду хароҷоти буҷети давлатӣ инъикос меёбанд. Ҳамзамон 10 фоизи маблағҳои ғайрибуҷетӣ (махсус) ҳар семоҳа ба буҷет дохил карда мешавад, ба ғайр аз маблағҳои грант ва спонсорҳо, ки барои чорабиниҳои хусусияти ғайритиҷоратӣ дошта пешкаш мегарданд.
 
Моддаи 14. Муқаррар карда шавад, ки барои шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи Марказии ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Департаменти гумрук ва Полиси андози Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар идораҳое, ки дар онҳо дар асоси қонунгузории ҷорӣ хизмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, роҳкиро ба маҳали истифодаи асосии рухсатӣ ва бозгашт (як маротиба дар як сол) танҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сурати пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, пардохта мешавад.
 
Моддаи 15. (на барои нашр)
 
Моддаи 16. Муқаррар карда шавад, ки ба ҳолати казармавӣ гузаронидани хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, хизматчиёни мақомоти гумрук, полиси андоз ва дигар идораҳое, ки дар онҳо аз рўи қонунгузории ҷорӣ хизмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, танҳо дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, пардохти ҷубронпулӣ барои ин мақсад дар  доираи маблағе, ки Қонуни мазкур барои фонди музди меҳнат дар асоси сметаи хароҷоти вазорату идораҳои номбаршуда тасдиқ намудааст, анҷом дода мешавад.
 
Моддаи 17. Ҳаҷми маблағҳои мақсаднок аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба маблағи 36 993 ҳаз. сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Муқаррар карда шавад, ки маблағҳои мақсаднок аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пардохти музди меҳнат, маблағҳои ба он баробаршуда, маблағгузории асосӣ саривақт бо назардошти иҷрои даромади буҷети онҳо ҷудо карда мешаванд.
 
Моддаи 18. Пули нақди гардони кассавии буҷети ҷумҳуриявӣ то ҳолати 1 январи соли 2004 ба маблағи 4 100 ҳаз. сомонӣ тасдиқ карда шавад.
 
Моддаи 19. Муқаррар карда шавад, ки аз 1 январи соли 2003 тамоми амалиёти молиявӣ аз рўи иҷрои Буҷетҳои маҳаллӣ, ки тавассути Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» гузаронида мешаванд, ба тариқи пулакӣ амалӣ карда мешавад. Инчунин аз рўи ҳамаи депозитҳои мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ҷойгир карда мешаванд, барои истифодаи онҳо аз ҷониби бонк фоиз дода мешавад.
 
Моддаи 20. Муқаррар карда шавад, ки аз 1 январи соли 2003 барои инкишофи таҳкурсии моддӣ ва техникии Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳавасмандгардонии кормандони мақомоти мазкур 20 фоизи  маблағи умумии  пинҳон кардашудаи (кам нишондодашуда) андозхо, ҷаримаҳо  ва пардохтҳои дигари дар рафти корҳои назоратӣ-иқтисодӣ ошкоргардида, инчунин 0,15 фоизи арзиши гумрукии мол, ки барои гузаронидани расмиятҳои гумрукӣ (ҳаққи барасмиятдарории гумрукӣ) аз тарафи мақомоти гумрук руёнидашуда, равона карда мешавад. Маблағҳои зикргардида ба таври марказонида ба буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида  мешаванд.
 
Моддаи 21. (на барои нашр).
 
Моддаи 22.  Муқаррар карда шавад, ки дар соли 2003 қарзҳои берунӣ аз ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва давлатҳои хориҷӣ, инчунин қарзҳои берунии ғайридавлатии аз  тарафи давлат кафолат додашаванда, танҳо ба таври имтиёзнок ва дарозмўҳлат гирифта мешаванд.
 
Моддаи 23. Ҳисобот оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2001 аз рўи даромад ба маблағи 367 030 ҳаз. сомонӣ, аз рўи хароҷот ба маблағи 366 449 ҳаз. сомонӣ, бо барзиёдии даромад нисбати хароҷот ба маблағи 581 ҳаз. сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Хароҷоти Буҷети давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои соли 2001 барои пардохти ўҳдадориҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 57 501 ҳаз. сомонӣ, аз он ҷумла: барои пардохти қарзи асосии дохилӣ – 7 980 ҳаз. сомонӣ, барои пардохти қарзи асосии берунӣ - 49 521 ҳаз. сомонӣ тасдиқ карда шавад.
 
Моддаи 24. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ аз 1 январи соли 2003 мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                             Э. Раҳмонов
 
ш.Душанбе
2 декабри соли 2002
№ 91                                                      
 
______________________
 
ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оиди қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2003»
 
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2003» қабул карда шавад.
2. Дурнамои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004-2005 маъқул дониста шавад.
3. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон дар доираи салоҳияташон назорати иҷрои буҷетро ба роҳ монда, истифодаи мақсадноку самарабахши маблағҳои буҷетиро аз ҷониби маблағгирандагон таҳлил ва ҳангоми зарурат натиҷаи таҳлилро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод намоянд.
4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
буҷети давлатии тасдиқшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли 2003 аз рўи даромад ба маблағи 637018 ҳаз. сомонӣ ва аз рўи хароҷот ба маблағи 655018 ҳаз. сомонӣ, бо барзиёдии хароҷот нисбат ба даромад (каср) ба маблағи 18000 ҳаз. сомонӣ барои иҷро қабул намояд;
  • хароҷоти чорабиниҳои дар буҷет пешбинишударо дар доираи маблағҳои тасдиқшуда мутаносибан баробари даромади воқеӣ таъмин намояд;
  • ҳангоми қабул намудани қарорҳое, ки дар дурнамои ояндаи миёнамўҳлат бояд аз ҳисоби захираҳои молиявии давлат маблағгузорӣ шаванд, нишондодҳои Дурнамои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004-2005 ба инобат гирад;
  • усули татбиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2003» таҳия ва тасдиқ кунад;
  • оиди кам кардани бақияпулии корхонаю ташкилотҳо вобаста ба пардохти андозҳои солҳои гузашта, ҳамчунин бо назардошти зарурати кандани қарзи то 1 январи соли 2003 ғуншудаи ташкилотҳои буҷетӣ аз ташкилотҳо ва кредиторҳо, сарфи назар аз шакли моликият, чораҳо андешад;
  • дар воситаҳои ахбори умум дар ҳар се моҳ дар бораи иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2003 ҳисобот нашр намояд.
5. Бонки миллии Тоҷикистон:
  • якҷоя бо Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бонкҳои тиҷоратии ҷумҳурӣ дар асоси талаботи моддаҳои 4 ва 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2003» андозу даромадҳоро бечуну чаро ва саривақт ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷети маҳаллӣ гузаронад;
  • дар роҳи иҷрои ўҳдадориҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати агенти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, иҷрои ҳисобу пардохтҳоро аз рўи ўҳдадориҳои қарзии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд;
  • барои саривақт иҷро кардани пардохтҳои асъории Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи маблағҳои буҷетиро ба асъори хориҷӣ мувофиқи дархости Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи қурби расмии бозори байнибонкии асъор таъмин намояд.
 
 
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                             С.Хайруллоев
 
ш.Душанбе  27 ноябри соли 2002
№ 739