ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
КОДЕКС 1852 КОДЕКСИ МАНЗИЛИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии ҶТ 18.03.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1866 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ СОҲАҲОИ КОМПЛЕКСИ АГРОСАНОАТӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18.03.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Кодекс 1844 КОДЕКСИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23.12.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БАМЕЪЁРДАРОРИИ ТЕХНИКӢ

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 06/02/2020 - 10:36
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
522
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
19.05.2009
 
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ БАМЕЪЁРДАРОРИИ ТЕХНИКӢ
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2009, №5, мод.329; с. 2011, №6, мод. 439;)
 
Қонуни мазкур муносибатҳоеро, ки ҳангоми таҳия ва тасдиқи талаботи техникии иҷрояшон ҳатмӣ нисбат ба маҳсулот, ҷараёни коркард, истеҳсол, истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, интиқол, фурўш, коркарди партовҳои он, иҷрои кор ва хизматрасонӣ дар қисми бехатарӣ ба амал меоянд, танзим намуда, ҳуқуқу ўҳдадориҳои иштирокчиёни ин муносибатҳоро муқаррар менамояд.
 
 
Боби 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода шудаанд.
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
-объектҳои бамеъёрдарории техникӣ - маҳсулот, ҷараёни коркард, истеҳсол, истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, интиқол, фурўш, истифодаи партовҳои он, иҷрои кор ва хизматрасонӣ дар қисмати бехатарӣ;
-талаботи техникӣ - меъёр, қоида, хусусият ва (ё) талаботи дигари техникӣ нисбат ба объектҳои бамеъёрдарории техникӣ;
-бамеъёрдарории техникӣ - фаъолият оид ба муқаррар намудани талаботи техникии риояашон ҳатмӣ, ки ба бехатарии маҳсулот, ҷараёни коркард, истеҳсол, истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, интиқол, фурўш, коркарди партовҳои он, иҷрои кор ва хизматрасонӣ дар қисмати бехатарӣ алоқаманданд;
-бехатарии маҳсулот, ҷараёни коркард, истеҳсол, истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, интиқол, фурўш, коркарди партовҳои он, иҷрои кор ва хизматрасонӣ - мувофиқати маҳсулот, ҷараёни коркард, истеҳсол, истифодабарӣ,  нигаҳдорӣ, интиқол, фурўш, коркарди партовҳои он, иҷрои кор ва хизматрасонӣ ба талаботи техникӣ, ки вуҷуд надоштани хатари норавои овардани зарар ба ҳаёту саломатӣ ва ирсияти инсон, молу мулк ва муҳити зистро пешбинӣ менамояд;
-регламенти техникӣ - санади меъёрии техникӣ, ки дар ҷараёни бамеъёрдарории техникӣ таҳия шуда, талаботи техникии риояашон ҳатмиро вобаста бо бехатарии маҳсулот, ҷараёни коркард, истеҳсол, истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, интиқол, фурўш, коркарди партовҳои он, иҷрои кор ва  хизматрасонӣ дар қисми бехатарӣ муқаррар мекунад;
-ҳуҷҷати ҳамоҳангшуда - ҳуҷҷати меъёрии техникӣ, ки дорои маҷмўи талабот буда, иҷрои онҳо мутобиқати маҳсулот, ҷараёни коркард, истеҳсол, истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, интиқол, фурўш, коркарди партовҳои он, иҷрои кор ва хизматрасониро дар қисми бехатарӣ ба талаботи регламентҳои техникӣ таъмин менамояд;
- бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии техникӣ дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ- аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии масъули ташкили корҳои бамеъёрдарории техникӣ ба қайд гирифтани санадҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ бо мақсади баҳисобгирӣ ва идентификатсияи (мушобеҳгардонии) онҳо;
- системаи бамеъёрдарории техникӣ - маҷмўи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии техникӣ ва ҳуҷҷатҳои вобаста ба меъёрдарории техникӣ, субъектҳои бамеъёрдарории техникӣ, инчунин қоидаҳо ва расмиёти  фаъолияти система дар маҷмўъ;
- эҳтимолияти (презумпсияи) мутобиқат – эътирофи расмии далели мутобиқат ба талаботи муқарраршуда то вақте, ки номувофиқатии он исбот нашудааст;
- назорати давлатӣ доир ба иҷрои талаботи регламентҳои техникӣ – назорати доимии мутобиқати маҳсулоти муомилотӣ нисбат ба регламентҳои техникӣ;
- тасдиқи мутобиқат- гувоҳии далелноки  дар асоси қарори пас аз санҷиш қабулшуда дар хусуси он, ки иҷрои талаботи додашуда исбот гардидаанд;
-усулҳои ташхис – тартиботи муайянкунии як ва ё якчанд хислатҳои объектҳои бамеъёрдарории техникӣ;
- нишони мутобиқат ба регламентҳои техникӣ – ишорае, ки барои иттиллои харидорон дар бораи гузариши маҳсулот аз тартиботи тасдиқи мутобиқат ба талаботи регламентҳои техникӣ  хизмат мекунад;
- гузоштани нишони мутобиқат ба объектҳои бамеъёрдарории техникӣ- гузоштани акси нишони мутобиқат ба регламентҳои техникӣ  бевосита ба маҳсулоте, ки тартиботи тасдиқи мутобиқатро гузаштааст ё дар ҳуҷҷатҳои техникии маҳсулоти мазкур;
- фонди миллии санадҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ – маҷмўи регламентҳои техникӣ, ҳуҷҷатҳои ҳамоҳангшуда ва дигар ҳуҷҷатҳои соҳаи бамеъёрдарории техникӣ, ки дар шакли санади  қоғазӣ ва ё электронӣ нигоҳ дошта мешавад.
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бамеъёрдарории техникӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бамеъёрдарории техникӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
 
Моддаи 3. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ
Манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ташкилотҳои байналмилалӣ, ки фаъолияти бамеъёрдарории техникиро амалӣ менамоянд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ваколатдори давлатӣ, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, намояндагӣ мекунанд.
 
Моддаи 4. Субъектҳои бамеъёрдарории техникӣ
Субъектҳои бамеъёрдарории техникӣ инҳо ба ҳисоб мераванд:
-мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии  Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд.
 
Моддаи 5. Мақсад ва принсипҳои асосии бамеъёрдарории техникӣ
1. Бамеъёрдарории техникӣ бо мақсадҳои зайл амалӣ мегардад:
-муҳофизати ҳаёту саломатӣ ва ирсияти инсон, молу мулк ва ҳифзи муҳити зист;
- ҳифзи ҳаёту инкишофи мўътадили ҳайвоноту наботот;
- пешгирии амалияи назарфиребӣ;
- таъмини ченаки ягона;
- таъмини амнияти миллӣ;
- истифодаи оқилонаи захираҳо;
- ҳифзи манфиатҳои иқтисодӣ;
- бартараф намудани монеаҳои техники дар савдо. (ҚҶТ аз 28.06.11с., №726)
2. Бамеъёрдарории техникӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:
-истифодаи ҳатмии регламентҳои техникӣ;
-истифодаи ихтиёрии ҳуҷҷатҳои ҳамоҳангшуда;
-эътирофи ҳаққонияти истифодаи ҳуҷҷатҳои ҳамоҳангшуда ҳангоми тасдиқи мутобиқат ба талаботи ҳатмии регламентҳои техникӣ;
-дастрасии регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои ҳамоҳангшуда, иттилоот дар бораи тартиби таҳия, тасдиқ ва нашри онҳо барои истифодабарандагон ва шахсони дигари манфиатдор;
-афзалияти истифодаи стандартҳои байналмилалӣ ва миллии бо стандартҳои байналмилалӣ ҳамоҳангшуда ҳангоми таҳияи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои ҳамоҳангшуда;
-истифодаи дастовардҳои  илм ва техникаи муосир;
- мутаносибӣ ва махдуд накардан дар савдои баӣналмилалӣ. (ҚҶТ аз 28.06.11с., №726)
 
 
БОБИ 2. ТАНЗИМИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ БАМЕЪЁРДАРОРИИ ТЕХНИКӢ
 
Моддаи 6. Танзими давлатӣ дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ
Танзими давлатӣ дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ инҳоро дар бар мегирад:
- муайян ва татбиқ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ;
- тарҳрезӣ ва татбиқи барномаҳо доир ба таҳияи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои ҳамоҳангшудаи ба онҳо алоқаманд;
- муқаррар намудани тартиби ягонаи таҳия ва тасдиқи регламентҳои техникӣ;
- ҳамоҳангсозии таҳияи регламентҳои техникӣ;
- тасдиқи регламентҳои техникӣ;
-тартиб додани супоришҳо барои таҳияи ҳуҷҷатҳои ҳамоҳангшуда;
- муқаррар намудани тартиби ягонаи пешниҳод, боздошт ва бекор кардани эҳтимолияти (презумпсияи) мутобиқат барои ҳуҷҷатҳои ҳамоҳангшуда;
- муқаррар намудани тартиби чопи расмии регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои ҳамоҳангшуда, инчунин тартиби нашри иттилоот дар бораи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои ҳамоҳангшудаи амалкунанда;
- муқаррар намудани тартиби тафсири расмӣ оид ба масъалаҳои истифодаи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои ҳамоҳангшуда.
 
Моддаи 7. Мақомоте, ки танзими давлатиро дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ амалӣ месозанд
Танзими давлатӣ ва идоракунӣ дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ваколатдори ҳокимияти давлатӣ, масъули ташкили корҳои бамеъёрдарории техникӣ (минбаъд - мақомоти ваколатдори давлатӣ), ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад ва дигар мақомоти давлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
 
Моддаи 8. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ
1.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ дорои салоҳиятҳои зерин мебошад:
- таъмини кафолати пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ;
- таъсис намудан ва таъмини фаъолияти системаи бамеъёрдарории техникӣ;
-тасдиқи барномаҳои таҳияи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои ҳамоҳангшудаи  ба онҳо алоқаманд;
-муқаррар намудани тартиби таҳия, тасдиқ, бақайдгирии давлатӣ, санҷиш, аз нав дида баромадан, тағйир додан, бекор кардан, истифода, чопи расмии регламентҳои техникӣ, аз ҷумла регламентҳои техникии марбут ба маҳсулоти мудофиавӣ, огоҳинома ва нашри иттилоъ дар бораи онҳо;
-тасдиқи регламентҳои техникӣ;
-муқаррар намудани тартиби таъсис ва пешбарии Фонди миллии санадҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ, инчунин қоидаҳои истифодаи он;
-амалӣ намудани ваколатҳои дигар дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ мутобиқи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Дар ҳолатҳои истисноӣ ҳангоми ба вуҷуд омадани вазъе, ки бевосита ба ҳаёт, саломатии инсон, молу мулк ва муҳити зист таҳдид менамояд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бе риоя намудани тамоми расмиёти пешбининамудаи Қонуни мазкур  метавонад дар бораи татбиқи муваққатии регламентҳои техникии дахлдор қарор қабул намояд.
3.Регламентҳои техникии мазкур  баъди қабул шудан бояд ба барномаи таҳияи регламентҳои техникӣ дохил гардида, дар навбати аввал бо риояи тамоми тартиботи пешбининамудаи Қонуни мазкур баррасӣ карда шаванд.
 
Моддаи 9. Салоҳияти мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ
Мақомоти ваколатдори давлатӣ дорои салоҳиятҳои зерин мебошад:
- татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ;
- ҳамоҳангсозии умумии таҳияи регламентҳои техникӣ;
- амалӣ намудани таҳлили барномаи таҳияи регламентҳои техникӣ ва пешниҳоди таклиф доир ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба он;
- бақайдгирии давлатии регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои ҳамоҳангшуда;
- таҳия, ба амалбарорӣ ва қатъ намудани амали нишонҳои мутобиқат ба регламентҳои техникӣ;
- назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи регламентҳои техникӣ;
- нашри иттилоот дар бораи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои ҳамоҳангшудаи амалкунанда;
- ба субъектҳои бамеъёрдарории техникӣ додани ҳуқуқ ва муваққатан боздоштани истифодаи нишони (нишонҳои) мутобиқат ба регламентҳои техникӣ;
- таъсис ва пешбарии Фонди миллии санадҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ;
- тартиб додан ва дар мўҳлати муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани лоиҳаи барномаи таҳияи регламентҳои техникӣ;
- нашри барномаи тасдиқшудаи таҳияи регламентҳои техникӣ.
 
Моддаи 10. Ваколатҳои мақомоти дигари ҳокимияти иҷроияи давлатӣ дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ бояд таҳияи регламентҳои техникиро таъмин намоянд ва (ё) дар муҳокимаи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои ҳамоҳангшуда мутобиқи барномаи  таҳияи регламенти техникӣ иштирок намоянд.
 
БОБИ 3. САНАДҲО ВА ҲУҶҶАТҲОИ МЕЪЁРӢ ДАР СОҲАИ БАМЕЪЁРДАРОРИИ ТЕХНИКӢ
 
Моддаи 11. Намудҳои санадҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ
Санадҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ ба намудҳои зерин ҷудо мешаванд:
- регламентҳои техникӣ - санадҳои меъёрии техникие, ки иҷрои талаботашон ҳатмӣ мебошад;
- ҳуҷҷатҳои ҳамоҳангшуда –ҳуҷҷатҳои меъёрии техникие, ки истифодаи онҳо ихтиёрӣ мебошад.
 
Моддаи 12. Мақсадҳои таҳияи регламентҳои техникӣ
Регламентҳои техникӣ бо мақсадҳои зерин таҳия мешаванд:
-ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон, молу мулки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва молу мулки давлатӣ;
- ҳифзи ҳаёт ва инкишофи мўътадили ҳайвоноту наботот;
- ҳифзи муҳити зист;
-пешгирии амалҳое, ки истеъмолкунандагони маҳсулотро нисбат ба таъинот ва бехатарии он ба иштибоҳ меорад.
Таҳияи регламентҳои техникӣ барои мақсадҳои дигар  иҷозат дода намешавад.
 
Моддаи 13. Мундариҷаи регламентҳои техникӣ
1. Регламентҳои техникӣ бояд талаботи техникии риояашон ҳатмии  бехатарии маҳсулот, ҷараёнҳои коркард, истеҳсол, истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, интиқол, фурўш, коркарди партовҳои он, иҷрои кор ва хизматрасонӣ  алоқаманданд, инчунин номгўй ва (ё) тавсифи объектҳои бамеъёрдарории техникӣ алоқамандеро дар бар гиранд, ки талаботи регламентҳои техникӣ нисбати онҳо муқаррар карда мешаванд.
2. Талаботи техникии риояашон ҳатмӣ метавонанд ҳам бевосита дар матни регламентҳои  техникӣ ва ҳам бо роҳи истинод ба ҳуҷҷатҳои дигари меъёрии техникӣ (ё қисми онҳо) ифода карда шаванд. Дар баробари ин ҳуҷҷатҳои меъёрии техникие (ё қисми онҳо), ки дар регламентҳои техникӣ ба онҳо истинод шудааст, ҳатмӣ мешаванд, зеро онҳо мақоми қисми таркибии регламентҳои техникиро соҳиб мегарданд.
3. Талаботи регламентҳои техникӣ бояд хусусияти бехатарии маҳсулот, ҷараёни коркард, истеҳсол, истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, интиқол, фурўш, коркарди партовҳои он, иҷрои кор ва хизматрасониро дар бар гиранд. Истифодабарии талабот ба сохт ва иҷро дар ҳолате иҷозат дода мешавад, ки  бе онҳо расидан ба мақсадҳои қабул намудани регламентҳои техникии дар моддаи 5 Қонуни мазкур нишондодашуда номумкин бошад.
4. Регламентҳои техникӣ бояд талаботи зайлро дар бар гиранд:
- тавсифи муфассали хатари эҳтимолӣ бо зикри тарзу усулҳои мушаххаси таъмини сатҳи матлуби бехатарӣ. Тавсифи мазкур бояд барои  назорат ва тасдиқи мутобиқат ба истифодаи усулҳои маъмули озмоиш кифоя бошад;
-тавсифи ҷамъбастии хатари эҳтимолӣ бо муайянсозии сатҳи зарурии бехатарӣ бе муқаррар намудани усулҳои мушаххаси ноил шудан ба сатҳи мазкур. Истифодаи ин тавсиф бояд таъсис додани маҷмўи ҳуҷҷатҳои ҳамоҳангшударо, ки дар онҳо варианти таъмини мутобиқат, усулҳои озмоиш ва назорат пешкаш мешаванд, ба инобат гирад.
5. Дар регламентҳои техникӣ ҳамчунин бояд дохил бошанд:
- қоида ва шаклҳои тасдиқи мутобиқат (аз он ҷумла нақшаҳои тасдиқи мутобиқат) ба талаботи регламентҳои техникӣ нисбат ба ҳар як объекти бамеъёрдарории техникӣ, аз ҷумла қоида ва усулҳои назорат, озмоиш ва ченак, ки барои тасдиқи мутобиқат заруранд;
- қоидаи тамғагузории объектҳои бамеъёрдарории техникӣ, ки мутобиқати онҳоро ба регламентҳои техникӣ тасдиқ мекунад;
- қоидаҳои тартибу роҳ додани маҳсулот ба бозор, аз он ҷумла муаян намудани масулият барои ба фуруш  баровардани маҳсулоти хатарнокба бозор. (ҚҶ Т аз 28.06.11г., №726)
6. Талаботи регламентҳои техникӣ метавонанд танҳо бо роҳи ворид намудани тағйиру иловаҳо мутобиқи тартиби барои регламентҳои техникӣ муқарраршуда иваз карда шаванд.
7. Стандартҳои байналмилалӣ бояд пурра ва ё қисман барои таҳияи регламентҳои техникӣ ҳамчун асос истифода шаванд, ба истиснои ҳолатҳое, ки чунин истифода бо хусусиятҳои иқлимӣ, ҷуғрофӣ, техникӣ ва технологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё бо дигар асосҳо бесамар ва номувофиқ дониста шудааст. (ҚҶ Т аз 28.06.11г., №726)
Стандартҳои байнидавлатӣ (минтақавӣ), давлатӣ ва стандартҳои миллӣ, инчунин регламентҳои техникӣ ва стандартҳои дигар давлатҳо метавонанд ҳамчун асос барои таҳияи регламентҳои техникӣ истифода шаванд, ба истиснои ҳолатҳое, ки чунин ҳуҷҷатҳо метавонанд барои таъмини мақсадҳои дар моддаи 5 Қонуни мазкур баёнёфта корношоям ё бесамар бошанд.
 
Моддаи 14. Тартиби таҳияи регламентҳои техникӣ
1. Таҳияи регламентҳои техникӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи барномаи таҳияи регламентҳои техникӣ, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ омода менамояд, амалӣ мегардад. Барномаи мазкур аз ҷониби  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
2. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ки таҳияи регламентҳои техникиро амалӣ мегардонанд, ҳуқуқ доранд шахсони ҳуқуқии салоҳиятдорро дар асоси шартнома барои таҳияи регламентҳои техникӣ ҷалб намоянд.
3. Лоиҳаи барномаи таҳияи регламентҳои техникӣ, ҳамчунин лоиҳаҳои ворид намудани тағйиру илова ба барнома бояд дар нашрияҳои расмии мақомоти ваколатдори давлатӣ интишор карда шаванд.
4. Дар  лоиҳаи барнома бояд мўҳлат ва тартиби  пешниҳодҳо дар бораи тағйироти он нишон дода шаванд. Мўҳлати пешкаш намудани пешниҳодҳо аз рўзи нашри барнома бояд на камтар аз 60 ва на зиёда аз 90 рўзи тақвимӣ бошад.
5. Огоҳинома дар бораи оғози таҳияи лоиҳаи  регламентҳои техникӣ бояд дар нашрияҳои расмии мақомоти ваколатдори давлатӣ интишор шавад. Огоҳинома бояд иттилоотро дар бораи объекти бамеъёрдарории техникӣ, ки нисбат ба он талаботи техникӣ муқаррар карда мешаванд ва иттилооти робитавиро дар бораи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии масъули таҳияи ин регламентҳои техникӣ, санаи оғоз ва анҷоми таҳияи регламенти дахлдорро  дар бар гирад.
6. Барои аз ҷониби субъектҳои манфиатдори соҳаи бамеъёрдарории техникӣ баррасӣ кардани лоиҳаҳои регламентҳои техникӣ ва пешниҳоди  тақриз ба матнҳои онҳо, лоиҳаҳои регламентҳои техникӣ бояд дар нашрияҳои расмии мақомоти  ваколатдори давлатӣ нашр карда шаванд. Талаботи мазкур ба лоиҳаҳои регламентҳои техникие, ки маълумоти марбут ба сирри давлатиро дар бар мегиранд, дахл надоранд. Мўҳлати баррасии лоиҳаҳои регламентҳои техникӣ аз рўзи нашри онҳо  на зиёда аз 90 рўзи тақвимӣ мебошад.
7. Огоҳинома дар бораи ба анҷом расидани баррасии лоиҳаи регламенти техникӣ бояд дар нашрияи расмии мақомоти ваколатдори давлатӣ нашр карда шавад. Аз рўзи нашри огоҳинома номгўй ва мундариҷаи эродҳои хаттии субъектҳои манфиатдори соҳаи бамеъёрдарории техникӣ бояд барои шиносоӣ дастрас бошанд, ба истиснои лоиҳаҳои регламентҳои техникие, ки маълумоти марбут ба сирри давлатиро дар бар мегиранд.
8. Таҳрири охирини лоиҳаи регламенти техникӣ бо назардошти ҳамаи эродҳои воридшуда бояд дар мўҳлати на дертар аз 90 рўз баъди нашри огоҳинома дар бораи ба анҷом расидани баррасии он омода бошад. Баъд аз ин лоиҳаи регламенти техникӣ бо маҷмўи ҳуҷҷатҳои замимавӣ ба мақомоти ваколатдори давлатӣ барои ташхиси мутобиқати он ба талаботи Қонуни мазкур ва пешниҳоди минбаъдаи он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ  манзур мегардад.
9. Маҷмўи ҳуҷҷатҳои замимавӣ бояд масъалаҳои зеринро дар бар гирад:
- асосноксозии зарурати қабули регламенти техникӣ бо зикри  талаботе, ки аз муқаррароти стандартҳои байналмилалӣ (бо ишора ба онҳо) ё талаботи ҳатмии он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар лаҳзаи таҳияи лоиҳаи регламенти техникӣ амалкунанда фарқ мекунанд;
-ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи нашри огоҳиномаҳо дар бораи оғозу анҷоми баррасии лоиҳаи регламенти техникӣ;
-номгўй ва моҳияти эродҳои хаттии шахсони манфиатдор бо қарори асоснок дар бораи бақайдгирӣ ё рад кардани онҳо.
10. Тартиби муқаррар намудани маҳдудият ва бекор кардани онҳо барои фош намудани маълумоти регламентҳои техникие, ки сирри давлатӣ мебошанд, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» муайян карда мешавад.
11. Ворид намудани тағйирот ва бекор кардани регламентҳои техникии амалкунанда мутобиқи расмиёте анҷом дода мешавад, ки барои таҳия ва қабули регламентҳои техникӣ  муайян карда шудааст.
12. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҳуқуқ доранд дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ танҳо санадҳои дорои хусусияти тавсиявиро нашр кунанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки моддаи 20 Қонуни мазкур муқаррар намудааст.
 
Моддаи 15. Талабот ба ҳуҷҷатҳои ҳамоҳангшуда
1. Ҳуҷҷатҳои ҳамоҳангшуда бояд талаботи техникии дахлдореро дар бар гиранд, ки иҷрояшон мутобиқати маҳсулот, ҷараёни коркард, истеҳсол, истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, интиқол, фурўш, коркарди партовҳои он, иҷрои кор ва хизматрасониро ба талаботҳои регламентҳои техникӣ таъмин намояд. Дар ин ҳолат талаботи регламентҳои техникӣ бояд дар шакли умумӣ тавсиф шуда бошанд.
2. Тавсифи тарзҳои таъмини мутобиқат ба талаботи умумӣ, ки дар ҳуҷҷатҳои ҳамоҳангшуда пешниҳод шудааст, бояд барои гузарондани тафтиш ва тасдиқи мутобиқати маҳсулот ба ҳуҷҷатҳои ҳамоҳангшуда бо истифодаи усулҳои маъмулии амалкунандаи озмоишӣ кифоя бошад.
 
Моддаи 16. Эҳтимолияти (презумпсияи) мутобиқат
1. Ба ҳуҷҷатҳои ҳамоҳангшуда додани эҳтимолияти (презумпсияи) мутобиқат ба он далолат дорад, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ эквивалентии (баробарии) тасдиқи мутобиқатро дар асоси ҳуҷҷатҳои ҳамоҳангшуда бо тасдиқи мутобиқати талаботи хулосавии дахлдори регламентҳои техникӣ эътироф кардааст.
2. Қарор дар бораи ба ҳуҷҷатҳои ҳамоҳангшуда (ё ба қисмҳои онҳо) додани (бекор кардани) эҳтимолияти (презумпсияи) мутобиқат аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ қабул карда мешавад. Қарори мазкур аз рўзи нашри номгўи ҳуҷҷатҳои ҳамоҳангшудаи дахлдор дар нашриёти расмии мақомоти ваколатдори давлатӣ эътибор пайдо мекунад.
3. Ҳангоми нашри номгўи ҳуҷҷатҳои ҳамоҳангшуда бояд санае, ки амали (бекор намудани) эҳтимолияти (презумпсияи) мутобиқат оғоз меёбад, нишон дода шавад. Агар эҳтимолияти (презумпсияи) мутобиқат на ба ҳамаи ҳуҷҷати ҳамоҳангшуда, балки ба қисмҳои алоҳидаи он дода (бекор) шавад, пас ҳангоми нашри истинод бояд номгўи пурраи қисмҳои мазкур нишон дода шаванд.
4. Истифодаи ҳуҷҷатҳои ҳамоҳангшуда ё қисмҳои онҳо, ки эҳтимолияти (презумпсияи) мутобиқатро доранд, ихтиёрӣ мебошад.
 
Моддаи 17. Талаботи асосӣ барои таҳия, қабул, тағйирот ва бекор кардани ҳуҷҷатҳои ҳамоҳангшуда
1. Ташкил ва идораи таҳия, қабул, тағйирот ва қатъ намудани амали ҳуҷҷатҳои ҳамоҳангшуда аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешавад.
2. Таҳия, қабул, тағйир додан ва қатъ намудани амали ҳуҷҷатҳои ҳамоҳангшуда метавонад ҳам аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҳам аз ҷониби шахсони ҳуқуқии, бо шарти аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ гирифтани супориши дахлдор салоҳиятдор амалӣ мешавад. Шахсони ҳуқуқӣ ҳангоми таҳияи ҳуҷҷатҳои ҳамоҳангшуда бояд беғараз бошанд. (ҚҶ Т аз 28.06.11г., №726)
Баъди пешниҳоди лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои ҳамоҳангшуда ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ онҳо бояд аз ҷониби таҳиягарони худ тасдиқ карда шаванд.
3. Таҳия, тағйирот ва қатъ намудани амали ҳуҷҷатҳои ҳамоҳангшуда бояд бо иштироки ҳатмии мақомоти ваколатдори давлатӣ анҷом дода шаванд.
4. Тартиботи таҳия, қабул, тағйир додан ва қатъ намудани амал ва бекор кардани ҳуҷҷатҳои ҳамоҳангшуда бояд иштироки баробари ҳамаи тарафҳои манфиатдори дар соҳаи мазкур босалоҳиятро таъмин намоянд.
5. Агар таркиб ва мундариҷаи талаботи техникии ҳуҷҷатҳои ҳамоҳангшуда иҷрои талаботи регламентҳои техникиро таъмин нанамояд, мақомоти  ваколатдори давлатӣ бояд ошкорсозӣ, баҳисобгирӣ ва таҳлили ин ҳолатҳоро ташкил намояд.
6. Аз рўи натиҷаҳои таҳлил дар мўҳлати кўтоҳтарин бояд чораҳои дахлдори тасҳеҳӣ, яъне ворид намудани тағйирот ба ҳуҷҷатҳои ҳамоҳангшуда ё бекор кардани эҳтимолияти (презумпсияи) мутобиқат гузаронида шаванд.
 
Моддаи 18. Истифодаи регламентҳои техникӣ
1. Регламентҳои техникӣ, новобаста ба мамлакат ва (ё) макони тавлиди маҳсулот як хел ва баробар истифода бурда мешаванд. (ҚҶ Т аз 28.06.11г., №726)
Иҷрои талаботи регламентҳои техникии тасдиқшуда барои ҳамаи субъектҳои бамеъёрдарории техникӣ ҳатмӣ мебошад.
2. Мўҳлати татбиқи регламентҳои техникӣ бо назардошти мўҳлате, ки барои татбиқи чорабиниҳо оид ба таъмини риояи талаботи он зарур аст, муқаррар карда мешавад.
3. Мўҳлати мазкур ба истиснои ҳолатҳое, ки қисми дуюми моддаи 8 Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст, аз рўзи нашри хабари расмӣ дар бораи тасдиқи регламентҳои техникӣ бояд на камтар аз 6 моҳ бошад.
4. Регламентҳои техникӣ бояд усулҳои назорат, ченак, сертификатсия ва озмоиши талаботи дар он (ва ҳуҷҷатҳои ҳамоҳангшудаи дорои эҳтимолияти (презумпсияи) мутобиқат, муқарраршударо дошта бошанд. Дар акси ҳол регламентҳои техникӣ ҷорӣ карда намешаванд.
5. Ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ, ки дар шартномаи он нисбат ба талаботи регламенти техникӣ талаботи дигар муайян шудааст, ба истиснои талаботи регламентҳои техникӣ дар бобати ҷараёни истеҳсол, нигоҳдорӣ ва интиқоли маҳсулот, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд, шартҳои шартнома қабул карда мешаванд.
 
Моддаи 19. Нишонаҳои мутобиқат ба регламентҳои техникӣ
Нишонаҳои мутобиқат ба регламентҳои техникӣ бояд дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона бошанд ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда шаванд. Гузоштани нишонаҳои мутобиқат ба объектҳои бамеъёрдарории техникӣ аз мутобиқати онҳо ба талаботи регламентҳои техникӣ дарак медиҳад.
Тартиби истифодабарии нишонаҳои мутобиқат аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешавад.
 
Моддаи 20. Хусусиятҳои бамеъёрдарории техникӣ вобаста ба маҳсулоти мудофиавӣ
Талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, тартиби таҳия, тасдиқ, тағйир додан, бекор кардан, истифода ва нашри расмӣ нисбат ба маҳсулоти мудофиавие, ки барои эҳтиёҷоти давлатӣ интиқол ёфтааст, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё бо супориши он аз тарафи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардида, ҳатмӣ ҳисобида мешавад.
 
Моддаи 21. Иттилоот дар бораи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои ҳамоҳангшуда дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ
1. Иттилоот дар бораи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои ҳамоҳангшудаи мавриди амал қароргирифта бояд барои истифодабарандагон дастрас бошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки чунин санадҳо ва ҳуҷҷатҳо маълумоти дорои сирри давлатиро дар бар мегиранд.
2. Иттилоот дар бораи мўҳлати  мавриди амал қарор гирифтани регламентҳои техникии тасдиқшуда ва аз қайди давлатӣ гузашта, ҳамчунин бевосита худи матни регламентҳои техникӣ дар нашрияҳои расмии мақомоти ваколатдори давлатӣ нашр мешаванд, ба истиснои ҳолатҳое, ки чунин санадҳо ва ҳуҷҷатҳо маълумоти дорои сирри давлатиро дар бар мегиранд.
 
Моддаи 22. Фонди миллии санадҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ
1. Фонди миллии санадҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникиро дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ регламентҳои техникии расман чопшуда ва аз қайди давлатӣ гузашта, ҳуҷҷатҳои ҳамоҳангшуда, ҳамчунин дигар ҳуҷҷатҳо дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, ташкил медиҳанд.
2. Фонди миллии санадҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ  захираи иттилоотии давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Тартиби ташкил, фаъолият ва истифодабарии захираҳои иттилоотии фонди мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
 
БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
 
23. Маблағгузории корҳои бамеъёрдарории техникӣ
1. Манбаъҳои маблағгузории корҳои бамеъёрдарории техникӣ маблағи буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии манфиатдор, ҳамчунин дигар сарчашмаҳое ба шумор мераванд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  манъ накардааст.
2. Хароҷоти зерин аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳуриявӣ мебошад:
-таҳияи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои ҳамоҳангшудаи ба онҳо алоқаманд;
-таҳия ва нашри иттилооти расмӣ дар бораи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои ҳамоҳангшудаи тасдиқшуда;
-гузаронидани назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи регламентҳои техникӣ;
-таъсис ва пешбарии Фонди миллии санадҳои меъёрии техникӣ дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ;
-иштирок дар фаъолияти ташкилотҳои байналмилалӣ дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ;
-дигар чорабиниҳои бамеъёрдарории техникие, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайян шудаанд.
 
Моддаи 24. Муқаррароти давраи  гузариши  Қонуни мазкур
1. Ҳуҷҷатҳои меъёрии техникии амалкунандаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (стандартҳо, меъёр ва қоидаҳои санитарӣ, меъёр ва қоидаҳои сохтмон ва ғайра), ки талаботи ҳатмиро ба маҳсулот, ҷараёнҳои коркард, истеҳсол, истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, интиқол, фурўш, коркарди партовҳои он, иҷрои кор ва хизматрасонӣ дар бар мегиранд, то рўзи мавриди амал қарор гирифтани  Қонуни мазкур танҳо дар қисме барои иҷро ҳатмӣ мешаванд, ки ба мақсадҳои дар моддаи 5 Қонуни мазкур зикршуда мутобиқ бошанд. Ҳуҷҷатҳои меъёрии техникии мазкур, ки аз рўзи мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур регламентҳои техникии муваққатӣ шуморида мешаванд, эътибори қонунии худро танҳо то қабули регламентҳои техникии дахлдор нигоҳ медоранд.
2. Пас аз нашри расмии Қонуни мазкур то мавриди амал қарор гирифтани он мақомоти  ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо дигар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ бояд номгўи  ҳуҷҷатҳои меъёрии техникии (регламентҳои техникии муваққатии) ба мақсадҳои дар моддаи 5 Қонуни мазкур баёншуда амалкунандаро барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кунад. Минбаъд, мақомоти ваколатдори давлатӣ бояд дохил намудани тағйиротро тибқи регламенти қабулгардида ба  номгўи мазкур таъмин намояд.
3. Пас аз мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур дар муддати 7 сол бар ивази ҳамаи ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳатмии (регламентҳои техникии  муваққатии)   амалкунандаи  соҳаи  бамеъёрдарории  техникӣ                                                                                             
бояд регламентҳои техникӣ таҳия ва қабул карда шаванд. Баъди ба анҷом расидани мўҳлати мазкур ҳамаи ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳатмии (регламентҳои техникии муваққатии) амалкунанда ва тағйироти минбаъдаи онҳо беэътибор дониста мешаванд.
 
Моддаи 25. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки талаботи Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 26. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2010 мавриди амал қарор дода шавад.
 
                  Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                      Эмомалӣ  Раҳмон
 
               ш.Душанбе,
        19 майи соли 2009,
                № 522