ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОЧИКИСТОН
ДАР БОРАИ САЙЁҲӢ
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи сайёҳӣ танзим намуда, асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангии рушд ва ташаккули соҳаи мазкурро муайян менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
-сайёҳӣ - саёҳати гуногунҷанбаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, инчунин шуғле, ки бо мақсади солимгардонӣ, шиносоӣ, зиёрат, тиҷорат, варзиш, касбию хизматӣ ва мақсадҳои дигар (ба истиснои ба кори музднок ҷалб шудан) ва будубоши муваққатии берун аз ҳудуди ҷойи истиқомати доимӣ анҷом дода мешавад;
- сайёҳ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки аз ҷойи истиқомати доимӣ ба макони дигари будубоши муваққатӣ бо мақсади солимгардонӣ, шиносоӣ, зиёрат, тиҷорат, варзиш ва мақсадҳои дигари вобаста ба саёҳат сафар мекунанд;
-саёҳат - рафтуомади одамон дар байни маконҳои ҷуғрофӣ;
- сайёҳии байналмилалӣ - яке аз шаклҳои сайёҳие, ки дар раванди он шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд бо мақсади саёҳат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат сафар мекунанд;
-сайёҳии дохилӣ - яке аз шаклҳои сайёҳие, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди мамлакат анҷом медиҳанд ва дар раванди он хизматрасонии муносиб ташкил карда мешавад;
- хизматрасонии сайёҳӣ - фаъолияти мақсадноке, ки дар шакли хизматрасонӣ, иҷрои кор ва пешниҳоди маҳсулоти сайёҳӣ тавассути субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ барои қонеъгардонии дархост, талабот ва манфиатҳои маънавӣ, зеҳнӣ ва ҷисмонии сайёҳон ва ё шаҳрвандони майли сайру саёҳатдошта дар дохили мамлакат амалӣ гардонда мешавад;
- субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ - шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дохили мамлакат ба хизматрасонии сайёҳӣ машғул мебошанд;
- маҳсулоти сайёҳӣ - маҷмӯи мол, кор ва хизматрасоние, ки барои қонеъгардонии дархост, талабот ва манфиатҳои сайёҳон омода ва бо арзиши муайян амалӣ гардонда мешаванд;
- роҳбаладӣ - намуди хизматрасоние, ки аз ҷониби шахси дорои малакаи касбӣ ва ё тахассуси дахлдор дар шакли роҳнамоӣ, иттилоотонӣ ва фаҳмондадиҳии сайёҳон нисбат ба объекти муайян ба амал бароварда мешавад;
- захираҳои сайёҳӣ - маҷмӯи захираҳо ва падидаҳои табиии иқлимӣ, истироҳатӣ, маърифатӣ, маишӣ, техногенӣ, объектҳои табиию солимгардонӣ, мероси фарҳангию таърихӣ ва зиёратӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таваҷҷуҳи сайёҳонро ҷалб менамоянд;
- сайёҳии варзишию кӯҳгардӣ - намуди сайёҳие, ки ба ташкили хатсайрҳои пиёдагардӣ дар шароити кӯҳсор алоқаманд аст;
- шикор ва моҳигирӣ - намуди сайёҳие, ки бо ҷалби (иштироки) шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аз ҷониби субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешавад;
- сайёҳии транзитӣ - намуди сайёҳие, ки саёҳат тавассути ҳудуди кишвари мобайнӣ барои расидан ба кишвари (маҳалли) таъингардида ё баргаштан ба ҷойи истиқомати доимӣ амалӣ мегардад;
-сайёҳии экологӣ - намуди сайёҳие, ки дар муҳити табиат сурат гирифта, мақсади он тамошои манзараҳои табиӣ, дастгирии ҳифзи муҳити зист ва халалдор насохтани ягонагии системаҳои экологӣ мебошад;
- сайёҳии кӯҳнавардӣ - намуди саёҳати саргузаштдор, ки бо баромадан ба қуллаҳои баланди кӯҳӣ ва фатҳи он алоқаманд аст;
- сайёҳии тиҷоратӣ - намуди саёҳате, ки бо мақсади ба даст овардани манфиатҳои соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ амалӣ мегардад;
-сайёҳии таълимию омӯзишӣ - намуди сайёҳии муташаккил, ки бо мақсади шиносоӣ бо таърих, фарҳанг, тамаддун, урфу одат ва арзишҳои дигари миллӣ, ҳамчунин омӯхтани забонҳои хориҷӣ, касбу ҳунар, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ ба роҳ монда мешавад;
- сайёҳии фароғатию табобатӣ - намуди саёҳие, ки бо мақсади истироҳат, роҳатафзоӣ, табобат, барқароркунии ҷисмонӣ ва рӯҳӣ дар объектҳои табиию солимгардонӣ ва фарҳангию фароғатӣ амалӣ мегардад;
-сайёҳии оилавӣ - саёҳати муваққатии оила (бо кӯдакон ё бе кӯдакон) ё гурӯҳӣ иборат аз якчанд оила аз макони истиқомат ба ҷойи дигар, ки дар вақта холӣ ба амал бароварда мешавад;
- сайёҳии таърихию зиёратӣ - намуди сайёҳие, ки бо мақсади зиёрати ҷойҳои (мавзеъҳои) муқаддаси таърихӣ, динӣ, иттилоотнокӣ ва анҷом додани амали хайр ба роҳ монда мешавад;
- сайёҳии астрономӣ - намуди сайёҳие, ки бо мақсади сафари гурӯҳи ситорашиносон, дӯстдорони манзараҳои табиӣ ва экологӣ таҳти роҳбарии мутахассиси соҳаи сайёҳӣ амалӣ мегардад;
- сайёҳии корӣ - сайёҳие, ки бо мақсадҳои хизматӣ ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои муайян, такмили дониш, ташаккули робитаҳои ҳамкорӣ ва иҷрои ухдадориҳои дигари хизматӣ ба роҳ монда мешавад;
- сайёҳии варзишӣ - сайёҳие, ки бо мақсади ташаккули тарзи ҳаёти солим, тамринҳои варзишӣ ва иштирок дар чорабиниҳои варзишии сатҳи гуногун амалӣ мегардад;
- сайёҳии саргузаштдор - сайёҳие, ки хусусияти хотирмонӣ дошта, дар шакли фаромадан бо қаиқ, парашут, аспсаворӣ, дучархаронӣ, нақлиёти заминӣ, парвоз бо нақлиёти ҳавоӣ, лижаронӣ ва шаклҳои дигари шуғл ба роҳ монда мешавад;
-сайёҳии намоишӣ - сайёҳие, ки бо мақсади намоиш ва муаррифии дастовардҳо, имкониятҳо, захираҳо ва барои истифода пешниҳод намудани онҳо амалӣ мегардад;
- сайёҳии гурӯҳӣ - саёҳати муташаккилонаи ду ва зиёда сайёҳон, ки бо маҷмӯи ягонаи хизматрасонии гурӯҳӣ дар як вақт ва бо як хатсайр амалӣ мегардад;
- сайёҳии деҳотӣ - саёҳат ба деҳот бо мақсади шиносоӣ бо вазъ ва тарзи зиндагӣ, ҳамчунин урфу одат ва анъанаҳои миллӣ дар маҳал мебошад;
- сайёҳии кишоварзӣ - саёҳате, ки бо мақсади истироҳат дар муҳити табиии ҳаёти деҳот, иштирок дар фаъолияти хоҷагидорӣ, ҷамъоварии маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва истеъмоли он, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, дарки табиат ва истифодаи оқилонаи он ба роҳ монда мешавад;
- сайёҳии гастрономӣ (хондорӣ) - саёҳате, ки бо мақсади шиносоӣ аз таомҳои миллӣ, тарзу усули пухтупаз ва истеъмоли онҳо амалӣ мегардад;
- сайёҳии иҷтимоӣ - намудҳои гуногуни сайёҳие, ки ба дастрасӣ ва васеъ гардондани имкониятҳои субъектҳои навташкили хизматрасонии сайёҳӣ равона гардида, аз ҷониби давлат дар шакли муқаррар намудани имтиёзҳои андозбандӣ, кумаки молиявӣ ва маъмурӣ дар доираи маблағҳои буҷетии барои эҳтиёҷоти иҷтимоӣ ҷудогардида дастгирӣ карда мешаванд;
- сайёҳии илмию маърифатӣ - саёҳате, ки бо мақсади шиносоӣ бо захираҳои табиӣ, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва дастовардҳои муосири илму техника амалӣ мегардад;
- Феҳристи давлатии субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ - махзани ягонаи давлатии маълумот, ки фарогири иттилоот оид ба субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ ва фаъолияти онҳо мебошад;
- Кадастри давлатии захираҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон - номгӯйи объектҳои табиӣ, арзишҳои илмӣ ва таърихию фарҳангӣ, ки дастоварди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сайёҳӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сайёҳӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Вазифаҳои Қонуни мазкур
Вазифаҳои Қонуни мазкур иборатанд аз:
- таъмини ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба саёҳат;
- муайян намудани принсипҳои фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ;
- фароҳам овардани шароити баробар ва рақобатпазир ба субъектҳои фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ;
- ташаккули низоми сайёҳӣ;
- андешидани тадбирҳо оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ;
- ташаккули намудҳои хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ;
- ташкили ҳавасмандгардонӣ дар соҳаи сайёҳӣ;
- рушди робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳӣ;
- истифодаи оқилонаи захираҳои сайёҳӣ ва ҳифзи онҳо;
- ҳифзи муҳити зист ҳангоми фаъолияти сайёҳӣ;
- таъмини амнияти сайёҳон.
Моддаи 4. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ
1. Давлат ташкил ва рушди соҳаи сайёҳиро дастгирӣ намуда, таъмини шароити баробар ва рақобатпазирро дар фаъолияти субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ ва дастрасии онҳоро ба захираҳои сайёҳӣ кафолат медиҳад.
2. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ тавассути таҳия ва амалӣ намудани консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ ба роҳ монда мешавад.
Моддаи 5. Принсипҳои фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ
Принсипҳои фаъолият дар соҳаи сайёҳиро ташкил медиҳанд:
- таъмини шароити мусоид барои рушди соҳаи сайёҳӣ;
- эътирофи сайёҳӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти мамлакат;
- кафолати фаъолияти озоди иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ;
- дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ташаббускорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;
- муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари мусоид барои саёҳат ва ба мамлакати рақобатпазири сайёҳӣ табдил додани он;
- ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои субъектҳои фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ;
- таъмини рушди маърифати сайёҳи;
- таъмини истифодаи оммавии захираҳои сайёҳӣ.
БОБИ 2. ШАКЛ ВА НАМУДҲОИ САЙЁҲӢ
Моддаи 6. Шаклҳо ва намудҳои сайёҳӣ
1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаклҳои зерини сайёҳӣ мавҷуданд:
- дохилӣ;
- байналмилалӣ.
2.Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намудҳои зерини сайёҳӣ мавҷуданд:
- варзишию кӯҳгардӣ;
- шикор ва моҳигирӣ;
- транзитӣ;
-экологӣ;
- кӯҳнавардӣ;
- тиҷоратӣ;
- таълимию омӯзишӣ;
-фароғатию табобатӣ;
- оилавӣ;
- таърихию зиёратӣ;
- астрономӣ;
- корӣ;
- варзишӣ;
- саргузаштдор;
- намоишӣ;
-гурӯҳӣ;
- деҳотӣ;
- кишоварзӣ;
- гастрономӣ (хондорӣ);
- иҷтимоӣ;
- илмию маърифатӣ.
3. Бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон намудҳои дигари сайёҳӣ низ мавҷуд буда метавонанд.
БОБИ 3. САЛОҲИЯТ ВА ВАКОЛАТИ МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ САЙЁҲӢ
Моддаи 7. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ мансубанд:
- таъмини пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ;
- муқаррар намудани шаклҳои дастгирии давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ;
- тасдиқи консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатии рушди соҳаи сайёҳӣ;
- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ;
- тасдиқи тартиби пешбурди Феҳристи давлатии субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ;
- тасдиқи тартиби пешбурди Кадастри давлатии захираҳои сайёҳӣ;
- муайян намудани тартиби сертификатсияи маҳсулоти сайёҳӣ, мол ва хизматрасонии фаъолияти субъектони сайёҳӣ;
- таъсиси шӯрои ҳамоҳангсозии миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва тасдиқи низомномаи он;
- таъсиси ҷоизаҳо дар соҳаи сайёҳӣ;
- муайян намудани тартиби истифодаи захираҳои сайёҳӣ;
- фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоя ба соҳаи сайёҳӣ;
- таъсиси минтақаҳои сайёҳӣ;
- таъсиси маркази хизматрасонии сайёҳӣ;
- амалӣ намудани салоҳияти дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
Моддаи 8. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ
Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ дохил мешаванд:
- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ;
- таҳлил, баррасӣ ва пешниҳоди масъалаҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ;
- таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани лоиҳаи консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатии рушди соҳаи сайёҳӣ;
-муайян намудани талабот ба хатсайрҳои сайёҳӣ;
- мониторинги фаъолияти субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ;
- пешбурди Феҳристи давлатии субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ;
- пешбурди Кадастри давлатии захираҳои сайёҳӣ;
- гузаронидани мониторинг дар соҳаи сайёҳӣ;
- пешниҳоди таклифҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси ҷоизаҳо дар соҳаи сайёҳӣ;
- иштирок дар ҷалби сармоя барои рушди соҳаи сайёҳӣ;
- муайян намудани талаботи умумӣ барои тайёркунӣ ва бозомӯзии кадрҳо дар соҳаи сайёҳӣ;
- якҷоя бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартизатсия ва сертификатсия танзим намудани фаъолиятҳо вобаста ба стандартизатсия ва сертификатсияи фаъолияти сайёҳӣ, меҳмонхонадорӣ, осоишгоҳҳо, истироҳатгоҳҳо ва иншооти дигари сайёҳӣ ва инфросохтори онҳо;
-ҳамоҳанг намудани фаъолияти субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ;
- рушди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳӣ;
- тасдиқи қоидаҳои пешниҳоди хизматрасонии сайёҳӣ;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 9. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ
Ба ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ дохил мешаванд:
- татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар маҳал;
- тасдиқи барномаҳои маҳаллии рушди соҳаи сайёҳӣ;
- тадқиқ, таҳлил, мониторинг ва таҳкими равандҳои ташкили сайёҳӣ дар маҳал;
- таҳлил ва муайян намудани хатсайрҳои маҳаллии сайёҳии дохилӣ дар мувофиқа бо мақомоти маҳаллии соҳаи сайёҳӣ;
- таъсиси шӯрои ҳамоҳангсозии маҳаллии рушди сайёҳӣ ва тасдиқи низомномаи он;
- таъсиси ҷоизаҳо дар соҳаи сайёҳӣ дар маҳал;
- ҳамоҳангсозии раванди фаъолияти субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ дар соҳаи истифодаи самараноки захираҳои маҳаллии сайёҳӣ;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 10. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии соҳаи сайёҳӣ
Ба ваколатҳои мақомоти маҳаллии соҳаи сайёҳӣ дохил мешаванд:
- ҳамоҳанг намудани фаъолияти субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ;
- таҳлили вазъият, баррасӣ ва пешниҳоди масъалаҳо ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба татбиқи самараноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ;
- таҳлил ва муайян намудани хатсайрҳои маҳаллии сайёҳии дохилӣ дар мувофиқа бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
- мониторинг ва арзёбии раванди фаъолияти субъектҳои маҳаллии хизматрасонии сайёҳӣ;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 11. Ваколатҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи сайёҳӣ
Ба ваколатҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи сайёҳӣ дохил мешаванд:
- татбиқи барномаҳои маҳаллии рушди соҳаи сайёҳӣ;
- назорати раванди фаъолияти субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ дар самти истифодаи самараноки захираҳои сайёҳӣ дар ҳудуди шаҳрак ва деҳот;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
БОБИ 4. ТАНЗИМИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ САЙЁҲӢ
Моддаи 12. Танзими низоми хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ
1. Барои танзими низоми хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ Феҳристи давлатии субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ (минбаъд - Феҳристи давлатӣ) ташкил карда мешавад.
2. Пешбурди Феҳристи давлатӣ дар шакли чопӣ ва электронӣ (тариқи шабакаи Интернет) амалӣ мегардад.
3. Тартиби баҳисобгирӣ дар Феҳристи давлатӣ тибқи муқаррароти Қонуни мазкур аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешавад.
4. Раванди фаъолияти субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ аз ҷониби субъектҳои дахлдор назорат ва арзёбӣ карда мешавад.
Моддаи 13. Шӯроҳои ҳамоҳангсозии миллӣ ва маҳаллии рушди соҳаи сайёҳӣ
Шӯроҳои ҳамоҳангсозии миллӣ ва маҳаллии рушди соҳаи сайёҳӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои ҳамоҳангсозии фаъолият, ҳамгироии имкониятҳо ва баррасӣ намудани масъалаҳои марбут ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар асоси ҷамъиятӣ таъсис дода мешаванд.
Моддаи 14. Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти сайёҳӣ
Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти сайёҳӣ мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" амалӣ карда мешавад.
Моддаи 15. Маркази хизматрасонии сайёҳӣ
1. Маркази хизматрасонии сайёҳӣ дар назди мақоми ваколатдори давлатӣ б о тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати шахси ҳуқуқии худмаблағгузор таъсис дода мешавад.
2.Вазифаҳои маркази хизматрасонии сайёҳӣ иборатанд аз:
- ташкили чорабиниҳо дар самти сайёҳӣ;
- хизматрасонии машваратӣ, роҳбаладӣ, нақлиётӣ, гузарондани омӯзишҳо, таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар самти сайёҳӣ, омода намудани маводи тарғиботӣ;
- паҳн намудани иттилоот оид ба раванди татбиқи хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ;
- таъмини иҷрои вазифаҳои дигаре, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ муайян карда мешаванд.
Моддаи 16. Инфрасохтори сайёҳӣ
1. Инфрасохтори сайёҳиро маҷмӯи муассисаҳо, корхонаҳо, меҳмонхонаҳо, меҳмонхона барои сайёҳон дар манзилҳои (хонаҳои) истиқоматӣхизматрасонии хонагӣ (хонаист), осоишгоҳҳои табобатӣ, истироҳатгоҳҳо, фароғатгоҳҳо, марказҳои хизматрасонӣ (сарироҳӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, мавзеъҳои фарҳангию таърихӣ ва динӣ, инфрасохтори моҳигирӣ ва шикор, тарабхонаҳо, ошхонаҳо, чойхонаҳо, қаҳвахонаҳо, марказҳои истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ, пойгоҳҳои мутобиқгардонии минтақаҳои баландкӯҳ барои сайёҳон, маҷмааҳои лижаронӣ, марказҳои омӯзишӣ барои кӯҳнавардӣ, лижаронӣ ва роҳбаладӣ), ки яке аз самтҳои фаъолияти онҳо ба соҳаи сайёҳӣ алоқамандӣ дорад, ташкил медиҳад.
2. Ҳангоми аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ банақшагирии иншооти калонҳаҷми ҷамъиятӣ, таҳияи нақшаҳои генералии маҳалҳои аҳолинишин ва истифодаи қитъаҳои замин ташкили инфрасохтори сайёҳӣ дар онҳо ба инобат гирифта мешавад.
Моддаи 17. Дастрасии иттилоот дар соҳаи сайёҳӣ
1.Бо мақсади тарғиби мунтазами соҳаи сайёҳӣ дар ҳамоҳангӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ шабакаҳои соҳавии телевизионӣ, радиоӣ, рӯзнома, маҷаллаи даврӣ ва сомонаи миллии интернетӣ ташкил карда мешаванд.
2.Субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ вобаста ба фаъолияти худ сомонаи интернетӣ ва воситаҳои дигари иттилоотӣ ташкил менамоянд.
3. Шабакаҳои радио ва телевизиони давлатӣ барномаҳои доимоамалкунандаи махсуси марбут ба рушди соҳаи сайёҳӣ ташкил менамоянд ва эълони (таблиғи) сайёҳии иҷтимоиро ройгон ба роҳ мемонанд.
Моддаи 18. Мониторинг ва арзёбии хизматрасонии сайёҳӣ
Хизматрасонии сайёҳӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди мониторинг ва арзёбӣ қарор дода мешавад.
Моддаи 19. Захираҳои сайёҳӣ
1. Захираҳои сайёҳӣ тибқи Кадастри давлатии захираҳои сайёҳӣ ба ҳисоб гирифта шуда, тартиби истифода, ҳифз, нигоҳдорӣ ва танзими фаъолияти онҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии соҳавӣ якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян карда мешаванд.
2.Ҳангоми саёҳат барои шахсони воқеию ҳуқуқӣ истифода ва ё тамошои захираҳои сайёҳӣ маҳдуд карда намешаванд, ба истиснои ҳолатҳое, ки ин амалҳо боиси вайроншавӣ, кӯҳнашавӣ, хӯрдашавӣ, сармозанӣ, нобудшавӣ, ғоратшавӣ, суиистеъмолшавӣ ва поймолшавии онҳо мегарданд.
3. Захираҳои сайёҳӣ, ки аҳамияти миллӣ ва байналмилалӣ доранд, дастовардҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Барои бақайдгирӣ ва истифодаи онҳо Кадастри давлатии захираҳои сайёҳӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ таҳия карда мешавад.
Моддаи 20. Иштирок ва ҷалби сармоягузорон дар рушди соҳаи сайёҳӣ
1.Сармоягузорони ватанию хориҷӣ, ки дар амалӣ гардондани тадбирҳо оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ саҳм мегиранд, дар доираи имтиёзҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ карда мешаванд.
2. Барои ҷалб ва иштироки фаъоли сармоягузорон дар амалӣ гардондани тадбирҳо оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ шароити муносиб фароҳам оварда мешавад.
3. Ташаббусҳои сармоягузорон барои ташкил ва бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, маблағгузории барномаҳо ва лоиҳаҳои марбут ба рушди соҳаи сайёҳӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ дастгирӣ ва ҳавасманд карда мешаванд.
Моддаи 21. Суғуртаи фаъолияти сайёҳӣ
1. Дар ҳолате, ки қонунгузории кишвари будубоши муваққатӣ талаботи кафолати пардохти ёрии тиббиро ба шахсе, ки дар ҳудуди он муваққатан истиқомат дорад, мукаррар намуда бошад, агенти сайёҳӣ вазифадор аст чунин кафолатҳоро пешниҳод намояд. Суғуртаи сайёҳӣ дар мавриди бемории тасодуфӣ ва ҳодисаҳои нохуш шакли асосии пешниҳоди чунин кафолатҳо мебошад.
2. Бо талаби сайёҳ агенти сайёҳӣ барои пешниҳоди хизматрасонӣ оид ба суғуртаи хатарҳои дигари ба саёҳат вобастабуда мусоидат менамояд.
3. Суғуртаи хатарҳо ҳангоми сайёҳӣ, ки бо хавфи зиёд ба ҳаёту саломатии сайёҳон алоқаманд буда, хароҷоти зиёдро барои наҷотдиҳӣ талаб мекунад, аз тарафи субъектҳои фаъолияти сайёҳӣ бо ризоияти сайёҳон амалӣ мегардад.
4. Суғуртаи хатарҳои дигар ихтиёрӣ буда, аз ҷониби сайёҳ ба таври мустақилона ё тавассути субъектҳои фаъолияти сайёҳӣ амалӣ карда мешавад.
5. Сайёҳи дохилӣ ва хориҷие, ки ба намудҳои сайёҳии хатарзо машғул мешавад, бояд дорои полиси суғуртавии дарраҷаи байналмилалӣ бошад.
Моддаи 22. Шартнома оид ба амалисозии хизматрасонии сайёҳӣ
1. Барои ҷалби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба саёҳат байни субъекти хизматрасонии сайёҳӣ ва сайёҳ шартнома баста мешавад.
2. Шакли шартномаи намунавии соҳаи сайёҳӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ муайян карда мешавад.
Моддаи 23. Хатсайри сайёҳӣ
Хатсайри сайёҳӣ ҷузъи асосии маҳсулоти сайёҳӣ буда, самти ҷуғрофии ҷойгиршавии сайёҳон ва ташрифи онҳоро ба мавзеъҳо ва маконҳои сайёҳӣ муайян менамояд. Хатсайри сайёҳӣ бояд аз маълумоти умумӣ, харита, расмҳо, тарҳ ва иттилооти дигари тавсифдиҳандаи объекти интихобгардида иборат бошад.
Моддаи 24. Таъмини амнияти сайёҳон
1. Таъмини амнияти сайёҳон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандонаш, ки ба сифати сайёҳ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, ҳимоя ва пуштибониро кафолат медиҳад.
2. Мақомоти корҳои хориҷӣ уҳдадоранд оид ба хатарҳои эҳтимолӣ, ки ба сайёҳ дар давлати будубоши муваққатӣ таҳдид доранд, ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ маълумот диҳанд. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ уҳдадор аст сайёҳон ва субъектҳои хизматрасонии сайёҳиро оид ба ин хатарҳои эҳтимолӣ хабардор намояд.
3. Субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ на дертар аз се рӯз пеш аз оғози саёҳат ба сайёҳон дар шакли хаттӣ маълумоти заруриро дар бораи тартиби ворид шудан, берун рафтан ва истиқомат дар давлати будубоши муваққатӣ, дар бораи қонунгузорӣ, анъанаҳои мардуми маҳаллӣ, маросими динӣ, муқаддасот, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, иншооти табиӣ ва иншооти дигари намоишҳои сайёҳии таҳти назорати махсус қарордошта пешниҳод менамоянд. Субъектҳои мазкур ҳамчунин ба сайёҳон оид ба хатарҳое, ки мумкин аст дар вақти саёҳат ба онҳо дучор гарданд, иттилоъ медиҳанд ва тадбирҳои огоҳкунандаро, ки ба таъмини амнияти сайёҳон равона шудаанд, амалӣ менамоянд. Субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ маълумотро дар бораи сайёҳоне, ки аз хориҷа барнагаштаанд, дар давоми се рӯзи баъди ба охир расидани саёҳат ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ пешниҳод менамоянд.
4. Субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ пеш аз сафарбаршавӣ ба ҷойҳои хавфнок ва оид ба ҳодисаи фавқулодае, ки бо сайёҳ дар вақти саёҳат рух додааст, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода, мақомоти корҳои хориҷӣ ва оилаи сайёҳро фавран огоҳ менамоянд.
Моддаи 25. Хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ
1. Хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ аз рӯи намудҳои хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қонеъ гардондани дархост ва талаботи сайёҳон ҳангоми истифодаи хизматрасонии сайёҳӣ равона карда мешавад.
2. Дар соҳаи сайёҳӣ намудҳои зерини хизматрасонӣ муқаррар карда мешаванд:
- марказҳои хизматрасонии маҷмӯӣ;
-машваратию иттилоотӣ;
- меҳмонпазирӣ ва пешхизматӣ;
- меҳмонхонагӣ;
- сайёҳии кишоварзӣ;
- техникию нақлиётӣ;
- сарироҳӣ ва таъмини тозагӣ;
- истеҳсол ва фурӯши армуғони сайёҳӣ;
- чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ;
- табобатию истироҳатӣ;
- роҳбаладӣ ва тарҷумонӣ;
- намоишию тарғиботӣ;
- таҳия ва амалигардонии хизматрасонии маҷмӯии сайёҳӣ.
БОБИ 5. СУБЪЕКТҲОИ ХИЗМАТРАСОНИИ САЙЁҲӢ
Моддаи 26. Шаклҳои ташкилию ҳуқуқии субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ
Субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ метавонанд дар шакли шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, давлатӣ ва ғайридавлатӣ, гурӯҳӣ (корпоративӣ) ва фардӣ фаъолият намоянд.
Агенти сайёҳӣ бо мақсади фурӯши маҳсулот ва паҳнкунии хатсайрҳои сайёҳии ширкати сайёҳӣ ба сифати миёнарав дар асоси шартнома тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.
Моддаи 28. Ҳуқуқ ва ухдадориҳои субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ
1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, новобаста ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ки ба синни 18 расидаанд ва қобили амал мебошанд, ҳуқуқ доранд ба фаъолияти хизматрасонии сайёҳӣ машғул шаванд.
2. Субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ ҳуқуқ доранд:
аз имтиёзҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд;
- бо шахсони дигари воқеию ҳуқуқӣ ҳамкорӣ намоянд ва агентии сайёҳӣ ташкил кунанд;
- бо ҷалби шаҳрвандони хоҳишманд ба сифати корманд, агенти сайёҳӣ ва волонтёр гурӯҳҳои сайёҳӣ ташкил намоянд;
- аз хизматрасонии субъектҳои дигари хизматрасонии сайёҳӣ, ҳамзамон, ширкатҳои сайёҳӣ истифода намоянд;
- намуди дигари фаъолиятро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ намоянд.
3. Субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ уҳдадоранд:
-расмиёти баҳисобгириро дар Феҳристи давлатии субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳанд;
- ҳангоми ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудани сайёҳон, сафарбаркунии онҳо ба хориҷи кишвар ва ба мавзеъҳои сайёҳӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳиро расман хабардор карда, тибқи намунаҳои муқарраршуда ҳисобот пешниҳод намоянд;
- хизматрасонии сайёҳиро бо сифати баланд пешниҳоди сайёҳон намоянд;
- амнияти сайёҳонро ҳангоми саёҳат таъмин намоянд;
- сайёҳонро оид ба зарурати суғуртаи сайёҳӣ ҳангоми беморӣ ва суғуртаи ҳаёт огоҳ созанд ва дар ин самт ба онҳо мусоидат намоянд;
- ҳангоми саёҳат ҳифзи захираҳои сайёҳиро таъмин намоянд;
- барои иҷро накардани шартҳои шартнома дар назди сайёҳ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгаранд;
- ухдадориҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро намоянд.
Моддаи 29. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои сайёҳ
1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, новобаста ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ба саёҳат ҳуқуқи баробар доранд.
2. Ҳангоми саёҳат сайёҳ ҳуқуқ дорад:
- бастани шартномаро бо субъекти хизматрасонии сайёҳӣ дархост намояд;
- фароҳам овардани шароити муносиби хизматрасониро дар доираи шартнома талаб намояд;
- маълумоти дахлдорро оид ба маҳсулот, хатсайри сайёҳӣ ва шароити саёҳат талаб намояд;
- суғуртаи саёҳат, беморӣ, ҳаёт ва ҳолатҳои дигари хавфи эҳтимолидоштаро дархост намояд;
- барои гирифтани ёрии ҳуқуқӣ ба сафоратхонаҳо, консулгариҳо ва мақомоти дигари дахлдор муроҷиат намояд;
- ҳангоми ташкили фаъолияти хизматрасонии сайёҳӣ ба гурӯҳҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ассотсиатсияҳо муттаҳид шавад;
- риояи ҳуқуқҳои дигари худро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, талаб намояд.
3. Ҳангоми саёҳат сайёҳ уҳдадор аст:
- талабот ва дархости субъектҳои хизматрасонии сайёҳиро дар доираи шартномаи дахлдор ба иҷро расонад;
- қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намояд, низоми сиёсию иҷтимоии давлат, урфу одат, эътиқоди динию мазҳабӣ ва тарзи зиндагии аҳолии макони будубоши муваққатиро эҳтиром намояд;
- захираҳои сайёҳиро тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мақсаднок истифода намояд, ба ҷойҳои мамнуъ ворид нашавад, ба муҳити зист, ёдгориҳои мероси таърихию фарҳангӣ, ҷойҳои муқаддас ва осори дигаре, ки таҳти ҳимояи давлат қарор доранд, эҳтиромона муносибат намояд;
- талаботи бехатариро ҳангоми ворид гардидан ба мавзеъҳо ва иншооти хавфнок риоя намояд;
- сари вақт ҳуҷҷатҳои заруриро барои саёҳат ва бастани шартномаи дахлдор пешниҳод намояд;
- ухдадориҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалиеро, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иҷро намояд.
БОБИ 6. ҲАВАСМАНДГАРДОНӢ ДАР СОҲАИ САЙЁҲӢ
Моддаи 30. Имтиёзҳо барои субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ
Бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ ҳамчун соҳаи афзалиятнок ҳавасмандгардонӣ дар шакли имтиёзҳо ва шаклҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда мешавад.
Моддаи 31. Имтиёзҳо вобаста ба ташкили хизматрасонии сарироҳӣ ва тозагӣ
1. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои хизматрасонии сарироҳӣ ва тозагӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қитъаҳои махсуси замин ҷиҳати истифодаи оммавӣ ҷудо менамояд.
2. Қитъаҳои махсуси замин барои истифодаи оммавӣ дар ҳудуди муайян ва дар фосилаи на кам аз 50 км дар шоҳроҳҳо ҷудо карда мешаванд.
3. Дар қитъаҳои махсуси замини барои истифодаи оммавӣ ҷудошуда дар ҳудуди на кам аз 50 метри мураббаъ сарой (хостел) ташкил карда мешавад.
4. Қитъаҳои (нуқтаҳои) ҷудошуда (ташкилшуда) ба субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ барои ҳамаи намуди хизматрасонӣ, бахусус савдои маҳсулоти маишӣ, хӯрокворӣ ва ташкили нуқтаҳои тозагӣ пешниҳод карда мешаванд.
Моддаи 32. Имтиёзҳо барои субъектҳои хизматрасонӣ дар самти истеҳсоли маҳсулоти сайёҳӣ
Барои ба роҳ мондани фаъолияти истеҳсоли маҳсулоти сайёҳӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ қитъаи замин барои коркард ва ё сохтмони иншооти зарурӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда мешавад.
Моддаи 33. Минтақаҳои сайёҳӣ
1. Минтақаҳои сайёҳӣ дар тамоми ҳудуд ё қисми ҳудуди шаҳр ё ноҳия дар доираи талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳавасмандгардонии субъектҳои сайёҳӣ ташкил карда мешаванд.
2. Бо мақсади рушди минтақаҳои сайёҳӣ барномаҳои мақсадноки минтақавӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд.
3. Барои соҳиб гардидан ба мақоми минтақаи сайёҳӣ ва ё минтақаҳои сайёҳии байналмилалӣ тамоми ҳудуд ё қисми ҳудуди шаҳр ё ноҳия бояд нишондиҳандаҳои муқаррарнамудаи қонунгузории дахлдорро дошта бошанд.
4. Мақоми минтақаи сайёҳӣ ва ё минтақаи байналмилалии сайёҳӣ ба ҳудуд ё қисми ҳудуди шаҳр ё ноҳияҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 34. Фармоишҳои иҷтимоии давлатӣ, грантҳо, мусоидати молиявӣ ва кумаки пулӣ дар соҳаи сайёҳӣ
1. Барои ҳал намудани мушкилот ва ташаккули заминаи илмию амалӣ дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ фармоишҳои иҷтимоии давлатӣ амалӣ гардида, грантҳо ва мусоидати молиявӣ пешниҳод карда мешаванд.
2. Фармоишҳои иҷтимоии давлатӣ, грантҳо ва кумаки пулӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул меёбанд.
БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 35. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳӣ
Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, амалӣ карда мешавад.
Моддаи 36. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 37. Дар бораи аз эътибор соқит донистани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи туризм" ва "Дар бораи сайёҳии дохилӣ"
Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи туризм" аз 3 сентябри соли 1999 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, №9, мод. 228; с. 2005, №12, мод. 641; с. 2009, №5, мод. 337; с. 2012, №12, қ. 1, мод. 1016; с. 2013, №12, мод. 902) ва "Дар бораи сайёҳии дохилӣ" аз 18 июли, соли 2017 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2017, №7-9, мод., 573) аз эътибор соқит дониста шаванд.
Моддаи 38. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
7 августи соли 2020
№ 1717