ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1923 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҚАРЗИ ДАВЛАТӢ ВА ҚАРЗИ АЗ ҶОНИБИ ДАВЛАТ КАФОЛАТДОДАШУДА Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24.12.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1922 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТИҶОРАТИКУНОНИИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24.12.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Кодекс 1918 КОДЕКСИ МАДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.12.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

ҚОНУНИ  ҶУМҲУРИИ  ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХИЗМАТРАСОНИИ ИҶТИМОӢ

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Чшб, 05/02/2020 - 15:51
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
359
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
05.01.2008
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ХИЗМАТРАСОНИИ ИҶТИМОӢ
(Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1998)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии фаъолиятро дар соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ ба аҳолӣ муқаррар менамояд ва муносибатҳоеро, ки ҳангоми амалӣ намудани ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба хизматрасонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён меоянд, ба танзим медарорад.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ ба аҳолӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1998).
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
хизматрасонии иҷтимоӣ - маҷмӯи хизматҳои иҷтимоии марбут ба фаъолияти хадамоти иҷтимоӣ дар бобати дастгирии иҷтимоӣ, расонидани хизматҳои иҷтимоӣ-маишӣ, иҷтимоӣ-тиббӣ, равонишиносию педагогӣ, иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ, хизматҳои дигар ва кӯмаки моддӣ, мутобиқшавӣ ва офияти иҷтимоии шаҳрвандон, ки дар ҳолати душворӣ зиндагӣ қарор доранд;
хадамоти иҷтимоӣ - ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият, соҳибкорони инфиродӣ, ки хизматҳои иҷтимоӣ мерасонанд;
хизматҳои иҷтимоӣ - намудҳои кору фаъолияте, ки ба қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандон ва ба манфиати онҳо бо мақсади расонидани кӯмак дар ҳолати душвори зиндагӣ ва пешгирии онҳо равона гардидаанд;
корманди хадамоти иҷтимоӣ - шаҳрванде, ки бо мақомоти идораи хизматрасонии иҷтимоӣ ва ё ташкилоти иҷтимоии ба аҳолӣ хизматрасонанда муносибати меҳнатӣ дорад ва ӯҳдадории асосии меҳнатиаш хизматрасонии иҷтимоӣ ба аҳолӣ мебошад;
гирандагони хизматҳои иҷтимоӣ - шаҳрванд ё гурӯҳи шаҳрвандоне, ки ба хизматрасонии иҷтимоӣ эҳтиёҷ доранд ва ба онҳо хизматҳои иҷтимоӣ расонида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1998);
ҳолати душвори зиндагӣ - ҳолате, ки фаъолияти мӯътадили зиндагии шаҳрвандро ба таври воқеӣ вайрон мекунад ва ё ҳолате, ки у мустақилона аз он баромада наметавонад, аз ҷумла:
-маъюбӣ;
-пиронсолӣ;
-беморӣ;
-оқибати садамаи истеҳсолӣ ва бемории касбӣ;
-аз даст додани саробон, танҳоӣ, ятимӣ, беназоратӣ;
-набудани ҷойи муайяни истиқомат;
-вобастагии бардавоми рӯҳӣ, оқибати зӯроварӣ ва ё ҳолатҳое, ки ҳаётро зери хатар мегузоранд;
-ҳолати дигари душвори зиндагӣ.
Моддаи 3. Мақсадҳои хизматрасонии иҷтимоӣ
Мақсадҳои хизматрасонии иҷтимоӣ инҳо мебошанд:
-мусоидат намудан ба таъмини имкониятҳои баробар барои ҳамаи аъзои ҷамъият, ки ба таҳкими ягонагии иҷтимоӣ ва роҳ надодан ба ҷудокунии иҷтимоӣ равона гардидаанд;
-таъмин намудани имконияти ба сар бурдани ҳаёти сазовору бехатар, ҳамзамон иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ;
-кӯмак намудан ба шаҳрвандон барои рафъи ҳолати душвори зиндагӣ, ки онҳо бо маблағи худ ва имкониятҳои мавҷудбуда қудрати бартараф кардани онро надоранд;
-тақвият додани ҷидду ҷаҳди шахсии шаҳрвандон ва оилаҳо, муҳайё кардани шароит барои ҳалли мустақилонаи масъалаҳои пешомада аз тарафи онҳо;
-пешгирӣ кардани ҳолати душвори зиндагӣ.
Моддаи 4. Принсипҳои хизматрасонии иҷтимоӣ
Хизматрасонии иҷтимоӣ дар асоси принсипҳои зерин амалӣ мегардад:
-масъулиятшиносии мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ташкилотҳо, ҳамчунин шахсони мансабдор барои таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ;
-адолати иҷтимоӣ ҳангоми амалигардонии ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ;
-ихтиёран истифода бурдан аз хизматрасонии иҷтимоӣ ва рад кардани он;
-инсондӯстӣ, унвонӣ будан ва махфияти хизматрасонии иҷтимоӣ;
-афзалиятнокии пешниҳоди хизмати иҷтимоӣ ба кӯдакон ва ҷавонон, занони ҳомила, пиронсолон ва маъюбоне, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор доранд;
-дар навбати аввал андешидани чораҳо оид ба пешгирӣ намудани ҳолати душвори зиндагӣ, баланд бардоштани маърифати иҷтимоии аҳолӣ;
-баробарии шароити фаъолияти хадамоти иҷтимоии ҳамаи шаклҳои моликият;
-вусъати ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ ба аҳолӣ.
БОБИ 2. ХУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ ШАҲРВАНДОН ДАР СОҲАИ ХИЗМАТРАСОНИИ ИҶТИМОӢ
(Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1998)
Моддаи 5. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба хизматрасонии иҷтимоӣ
1. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон ҳуқуқи хизматрасонии иҷтимоиро дар низоми давлатии хизматрасонии иҷтимоӣ аз рӯи намудҳои асосии он, ки Қонуни мазкур муқаррар кардааст, кафолат медиҳад.
2. Ҳангоми гирифтани хизмати иҷтимоӣ шаҳрвандон ҳуқуқ доранд ба:
-муносибати эҳтиромона ва инсондӯстона аз ҷониби кормандони хадамоти иҷтимоӣ;
-интихоби ташкилот ва намуди хизматрасонии иҷтимоӣ ба истиснои мавридҳое, ки дар моддаи 12 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд;
-гирифтани маълумоти ройгон оид ба ҳуқуқҳо, ӯҳдадориҳо, намудҳо ва тартибу шароити расонидани хизмати иҷтимоӣ;
-ризоият барои хизматрасонии иҷтимоӣ;
-рад кардани хизматрасонии иҷтимоӣ;
-махфияти маълумоти хусусияти шахсидошта, ки ҳангоми расонидани хизмати иҷтимоӣ ба корманди хадамоти иҷтимоӣ маълум гардидааст;
-ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худ, аз он ҷумла бо тартиби судӣ.
3. Хизматрасонии иҷтимоӣ дар асоси муроҷиати шаҳрванд, васӣ, парастор, намояндаи дигари қонунии ӯ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз ҷониби хадамоти иҷтимоӣ амалӣ гардонида мешавад.
4. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ истиқомат мекунанд, метавонанд дар асоси муқаррароти Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, аз хизматрасонии иҷтимоӣ истифода намоянд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1998).
Моддаи 6. Ҳуқуқи шаҳрвандон барои гирифтани маълумот оид ба хизматрасонии иҷтимоӣ
1. Ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ дорад, ки аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, инчунин мақомоти хизматрасонии иҷтимоӣ оид ба имконият, намуд, тартиб ва шароити хизматрасонии иҷтимоӣ маълумоти ройгон гирад.
2. Маълумот оид ба хизмати иҷтимоӣ бевосита ба шаҳрвандоне, ки ба хизмати иҷтимоӣ ниёз доранд, аз тарафи кормандони хадамоти иҷтимоӣ, вале нисбати шахсони синнашон ба 16 нарасида ва шахсоне, ки мувофиқи тартиботи муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ғайри қобили амал дониста шудаанд, ба намояндаи қонунии онҳо расонида мешавад.
3. Шаҳрвандоне, ки ба муассисаҳои будубоши доимӣ ва ё ба муассисаҳои будубоши муваққатии хизматрасонии иҷтимоӣ фиристонида мешаванд, ҳамчунин намояндаи қонунии онҳо бояд бо шароити зист ё будубош дар муассисаҳои мазкур ва бо намудҳои хизматрасонӣ пешакӣ шинос карда шаванд.
Моддаи 7. Ризоият ба хизматрасонии иҷтимоӣ
1. Хизматрасонии иҷтимоӣ ба шарти ризо будани шаҳрванд барои истифода бурдан аз хизмати иҷтимоӣ, ба истиснои мавридҳое, ки дар моддаи 12 Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, амалӣ гардонида мешавад.
2. Ризоият ба хизматрасонии иҷтимоӣ ба шахсони синнашон ба 16 нарасида ва шахсони бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ғайри қобили амал донисташуда баъди гирифтани маълумот аз тарафи намояндагони қонунии онҳо, ки дар қисми дуюми моддаи 6 Қонуни мазкур пешбинӣ шудааст, дода мешавад. Ҳангоми муваққатан набудани намояндагони қонунӣ қарор оид ба ризоият аз тарафи мақомоти васоят ва парасторӣ қабул карда мешавад.
3. Ҷойгиркунӣ дар муассисаи будубоши доимии хизматрасонии иҷтимоӣ дар асоси аризаи хаттии шаҳрванд, вале шахсоне, ки синнашон ба 16 нарасидааст ва шахсони бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузори ғайри қобили амал донисташуда дар асоси аризаи хаттии намояндагони қонунии онҳо амалӣ мегарданд.
4.Ҷойгиркунии шаҳрвандон дар муассисаи будубоши доимии хизматрасонии иҷтимоӣ бе ризоияти онҳо ва ё бе ризояти намояндагони қонунии онҳо дар асос ва мувофиқи тартиби дар моддаи 12 Қонуни мазкур, ҳамчунин дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда иҷозат дода мешавад.
Моддаи 8. Даст кашидан аз хизматрасонии иҷтимоӣ
1. Шаҳрвандон, ҳамчунин намояндагони қонунии онҳо ҳуқуқи даст кашидан аз хизматрасонии иҷтимоиро доранд, ба истиснои мавридҳое, ки дар моддаи 12 Қонуни мазкур пешбинӣ шудааст.
2. Дар мавриди даст кашидани шаҳрвандон, ҳамчунин намояндагони қонунии онҳо аз хизматрасонии иҷтимоӣ оқибатҳои имконпазири қарори қабулкардаашон ба онҳо фаҳмонида мешавад.
3. Даст кашидани шаҳрвандон аз хизматрасонии иҷтимоӣ, ки боиси бад шудани вазъи саломатӣ ва ё хавфи таҳдид ба ҳаёти онҳо мегардад, бо аризаи хаттии шаҳрвандон ва ё намояндагони қонунии онҳо ба расмият дароварда мешавад, ки қабули маълумотро оид ба оқибати раддияи онҳо тасдиқ менамояд.
Моддаи 9. Махфӣ будани маълумот
1. Маълумоти хусусияти шахсидошта, ки ҳангоми расонидани хизматҳои иҷтимоӣ ба кормандони хадамоти иҷтимоӣ маълум гардидааст, иттилооти дорои истифодаи маҳдуд ва махфияти касбӣ ба ҳисоб меравад.
2. Кормандони хадамоти иҷтимоӣ, ки махфияти касбиро фош менамоянд, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 10. Ҳуқуқҳои шаҳрвандоне, ки дар муассисаҳои будубоши доимии хизматрасонии иҷтимоӣ қарор доранд
1. Шаҳрвандони дар муассисаҳои будубоши доимии хизматрасонии иҷтимоӣ қарордошта аз ҳуқуқҳои дар моддаи 5 Қонуни мазкур пешбинишуда истифода мебаранд, ҳамчунин ҳуқуқ доранд ба:
-таъмин шудан бо шароити зисти ба талаботу меъёри санитарӣ-гигиенӣ ҷавобгӯй;
-нигоҳубин, кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, дандонпизишкӣ дар муассисаҳои будубоши доимии хизматрасонии иҷтимоӣ пешниҳодшаванда;
-кӯмаки ройгони махсус, аз он ҷумла дандонмонӣ (бидуни истифодаи металлҳои қиматбаҳо) дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ, ҳамчунин ба кӯмаки ройгони протезӣ-ортопедӣ;
-офиятёбии тиббӣ ва мутобиқшавии иҷтимоӣ;
-ихтиёрӣ ширкат намудан ба ҷараёни табобати меҳнатӣ, бо назардошти вазъи саломатӣ, майлу хоҳиш мувофиқи хулосаи тиббӣ ва тавсияи меҳнатӣ;
-ташхиси тиббию меҳнатӣ мувофиқи нишондоди тиббӣ барои муқаррар ва ё иваз намудани гурӯҳи маъюбӣ;
-вохӯрии бемамониат бо адвокат, нотариус, намояндагони қонунии худ, намояндаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ходимони ташкилотҳои диние, ки расман ба қайд гирифта шудаанд, ҳамчунин вохӯрӣ бо хешовандон ва шахсони дигар;
-ҷудо кардани хона барои ибодат ва иҷрои суннату маросимҳои динӣ, ки барои гузаронидани онҳо шароити мувофиқи ба тартиботи дохилӣ мухолифнабударо дорад, бо назардошти манфиати диндорони мазҳабҳои гуногун;
-таъмини таҳсили ройгон барои шаҳрвандони синни мактабӣ, агар онҳо дар муассисаҳои будубоши доимӣ ба муддати дароз ҷойгир шуда бошанд.
2. Кӯдакон ва ҷавонони маъюбӣ дар муассисаҳои будубоши доимии хизматрасонии иҷтимоӣ қарордошта ба гирифтани таҳсилот ва таҳсили касбӣ мувофиқи имконияти ҷисмонӣ ва қобилияти ақлониашон ҳуқуқ доранд.
3. Шаҳрвандони дар муассисаҳои давлатии хизматрасонии иҷтимоӣ қарордошта, ки ба кӯмаки махсуси тиббӣ ниёз доранд, ба муассисаҳои давлатии нигаҳдории тандурустӣ барои муоина ва табобат фиристонида мешаванд.
4. Нисбати шаҳрвандони дар муассисаҳои будубоши доимии хизматрасонии иҷтимоӣ қарордошта ҷудо нигоҳ доштани онҳо бо мақсади ҷазо додан ва ё фароҳам овардани муҳити муносиб барои кормандони муассисаҳои мазкур манъ аст.
Моддаи 10(1). Уҳдадориҳои шаҳрвандон дар соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ
(Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1998)
Шаҳрвандон дар соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ уҳдадориҳои зеринро доранд:
- пешниҳоди маълумоти пурра ва саҳеҳ барои муайян намудани ҳуқуқ ба хизматрасонии иҷтимоӣ;
- риояи қоидаҳои тартиботи дохилӣ дар муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ;
- пурра ва саривақт пардохт намудани маблағи хизматҳои иҷтимоии музднок;
- саривақт хабардор намудани хадамоти иҷтимоӣ оид ба ҳама гуна вазъият, ки метавонад боиси тағйир ёфтани шароит, тартиб ё қатъи расонидани хизматҳои иҷтимоӣ гардад;
- муносибати эҳтиромона ба кормандони хадамоти иҷтимоӣ;
- иҷрои уҳдадориҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1998).
Моддаи 11. Фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони дар муассисаҳои будубоши доимии хизматрасонии иҷтимоӣ қарордошта
1. Шаҳрвандони дар муассисаҳои будубоши доимии хизматрасонии иҷтимоӣ қарордошта мувофиқи вазъи саломатиашон дар асоси шартномаи меҳнатӣ метавонанд ба кор қабул карда шаванд.
2. Шаҳрвандони дар муассисаҳои будубоши доимии хизматрасонии иҷтимоӣ қарордошта мувофиқи тавсияи тиббӣ ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дар фаъолияти табобатӣ-меҳнатӣ ширкат намоянд. Ба фаъолияти меҳнатӣ маҷбур намудани шаҳрвандоне, ки дар муассисаҳои будубоши доимии хизматрасонии иҷтимои қарор доранд, роҳ дода намешавад.
Моддаи 12. Маҳдудкунии ҳуқуқи шаҳрвандон ҳангоми ба онҳо расонидани хизмати иҷтимоӣ
1. Маҳдудкунии ҳуқуқи шаҳрвандон ҳангоми ба онҳо расонидани хизмати иҷтимоӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ба роҳ монда мешавад ва метавонад дар ҷойгиркунии онҳо бидуни ризоияташон дар муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар мавридҳое ифода ёбад, ки агар онҳо аз нигоҳубин ва дастгирии хешовандонашон ва намояндагони қонуниашон маҳрум бошанд ва дар ин маврид қобилияти мустақилона қонеъ кардани талаботи ҳаётии худро надошта бошанд (гум кардани қобилияти худхизматрасонӣ ё ҳаракати фаъолона) ва ё бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ғайри қобили амал дониста шуда бошанд.
2. Масъалаи ҷойгиркунии шаҳрвандон дар муассисаҳои будубоши доимии хизматрасонии иҷтимоӣ бидуни ризоияти онҳо ва ё бидуни ризоияти намояндагони қонуниашон дар асоси нишондоди қисми 1 моддаи мазкур бо пешниҳоди мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ё нигаҳдории тандурустӣ аз тарафи суд ҳал карда мешавад.
3. Аз хизмати муассисаҳои будубоши доимии хизматрасонии иҷтимоӣ даст кашидани шаҳрвандоне, ки қобилияти қонеъгардонии талаботи асосии ҳаётии худро гум кардаанд ва ё бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ғайри қобили амал дониста шудаанд, аз рӯи аризаи хаттии намояндагони қонунии онҳо дар мавриде қабул карда мешавад, ки агар онҳо нигоҳубини шахсони номбурда ва барояшон муҳайё кардани шароити зарурии зистро ба ӯҳда гирифта бошанд.
4. Шаҳрвандони дорои бактерия ё вирус, гирифтори бемории доимии майзадагӣ, бемориҳои гузарандаи карантинӣ, намуди хуруҷкунандаи бемории сил, иллати вазнини рӯҳӣ, касалиҳои олоти таносул ва ғайраҳо мебошанд, ки дар муассисаҳои махсуси тандурустӣ табобат карданро тақозо менамоянд, барояшон расонидани хизмати иҷтимоӣ дар хона рад карда мешавад. Дар ин маврид рад кардани хизматрасонии иҷтимоӣ бо хулосаи якҷояи мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва комиссияи духтурон-машваратчиёни муассисаи нигаҳдории тандурустӣ тасдиқ карда мешавад.
5. Хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона ба шаҳрвандон дар мавриде қатъ карда мешавад, ки агар онҳо меъёр ва қоидаҳои аз тарафи мақомоти хизматрасонии иҷтимоӣ муқаррарнамударо ҳангоми пешниҳоди ин ё он намуди хизмат вайрон кунанд.
БОБИ 3. ХИЗМАТРАСОНИИ ИҶТИМОӢ ВА ХИЗМАТҲОИ ИҶТИМОӢ
(Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1998)
Моддаи 13. Намудҳои хизматрасонии иҷтимоӣ
1. Хизматрасонии иҷтимоӣ аз тарафи хадамоти иҷтимоӣ дар намудҳои зерин амалӣ гардонида мешавад:
-хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона;
-хизматрасонии иҷтимоӣ дар муассисаҳои будубоши доимӣ;
-хизматрасонии иҷтимоӣ дар муассисаҳои будубоши муваққатӣ;
2. Тартиби хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, дар муассисаҳои будубоши муваққатӣ, муассисаҳои будубоши доимии хадамоти иҷтимоӣ, талабот нисбати кормандони муассисаҳои мазкур, номгӯи хизматҳои пешниҳодшаванда ва қоидаҳои дигари фаъолияти онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 14. Хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона
1. Хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона аз тарафи кормандони хадамоти иҷтимоӣ бо роҳи пешниҳод намудани хизматҳои иҷтимоии хусусияти гуногундошта ба шаҳрвандоне, ки муваққатан ва ё доимӣ ба хизматрасонии иҷтимоӣ эҳтиёҷ доранд, анҷом дода мешавад ва бо мақсади истифода бурдан аз шароити табиӣ барои ба муҳит мутобиқшавӣ ва офияти онҳо ва ё барои доимӣ нигоҳ доштани шароити мусоид барои фаъолияти ҳаётии онҳо, барои расонидани ёрӣ ҳангоми ҳолати душвори зиндагӣ, инчунин барои пешгирӣ кардани ҳолати монанди онҳо гузаронида мешавад.
2. Хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона аз ҷониби кормандони хадамоти иҷтимоӣ ҳамчунин ба шаҳрвандони яккаву танҳо ва шаҳрвандоне, ки аз сабаби пирӣ, беморӣ, маъюбӣ ва мавридҳои дигари ҳолати душвори зиндагӣ ба худхизматрасонӣ қодир нестанд, ба ҷо оварда мешавад.
Моддаи 15. Хизматрасонии иҷтимоӣ дар муассисаҳои будубоши доимӣ
Хизматрасонии иҷтимоӣ дар муассисаҳои будубоши доимии хадамоти иҷтимоӣ аз тарафи кормандони хадамоти иҷтимоӣ бо роҳи пешниҳод намудани хизматҳои иҷтимоии хусусияти гуногундошта нисбати шаҳрвандоне, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор доранд ва дигар муштариёни хадамоти иҷтимоӣ, ки қисман ва ё пурра қобилияти худхизматрасониашонро гум кардаанд ва ба нигоҳубини доимии беруна эҳтиёҷ доранд, бо роҳи таъмин ва ташкил намудани шароити фаъолияти ҳаётӣ, ки ба синну сол ва вазъи саломатии онҳо мувофиқ аст, ҳамчунин ташкили хӯрок ва нигоҳубин, фаъолияти меҳнатии мувофиқи тавоноӣ, чорабиниҳои фароғатӣ ба амал бароварда мешавад.
Моддаи 16. Хизматрасонии иҷтимоӣ дар муассисаҳои будубоши муваққатӣ
Хизматрасонии иҷтимоӣ дар муассисаҳои будубоши муваққатии хадамоти иҷтимоӣ аз тарафи кормандони хадамоти иҷтимоӣ бо роҳи пешниҳод намудани хизматҳои иҷтимоии хусусияти гуногундошта ба шаҳрвандоне, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор доранд, ҳамчунин фаъолияти мӯътадили ҳаётии худро мустақилона нигаҳдорӣ менамоянд ва ба расонидани ёрӣ дар марҳилаҳои аввали пеш омадани мушкилот ва бӯҳрони иҷтимоӣ эҳтиёҷ доранд, ба амал бароварда, барои пешгирӣ кардани ҳолати душвори зиндагӣ кӯмак расонида мешавад.
Моддаи 17. Хизматҳои иҷтимоӣ
1. Хизматрасонии иҷтимоӣ бо роҳи ба аҳолӣ пешниҳод намудани хизматҳои иҷтимоии маишӣ, тиббӣ ва санаторӣ - солимгардонӣ, фарҳангӣ, таълимӣ, ҳуқуқӣ, варзишӣ - солимгардонӣ ба амал бароварда мешавад.
2. Хизмати иҷтимоӣ метавонад дар алоқамандии гуногун ҳангоми тадбирҳои зерин пешниҳод карда шавад:
-роҳбаладии иҷтимоӣ (парасторӣ) - ҳамчун маҷмӯи хизматҳои иҷтимоии хусусияти дарозмуддат ва такроршавандадошта, ки ба шаҳрванд бо мақсади пешгирии ҳолати душвори зиндагӣ расонида мешавад;
-мутобиқшавӣ ва офияти иҷтимоӣ - ҳамчун маҷмӯи хизматҳои иҷтимоии хусусияти дарозмуддат ва такроршавандадошта, ки ба шаҳрванд бо мақсади барқарор намудани фаъолияти муқаррарии ҳаётии ӯ пас аз ҳолати душвори зиндагӣ расонида мешавад.
3. Номгӯй ва намудҳои хизматҳои иҷтимоиеро, ки аз ҷониби давлат кафолат дода шудаанд, талаботро нисбати ҳаҷм, сифат ва бехатарии онҳо, ихтисоси кормандон ва талаботи дигарро бо мақсади риояи озодӣ ва ҳуқуқҳои шаҳрвандонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
4. Хизматҳои иҷтимоии фаврии якдафъаина ба шаҳрвандони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта, ки бо вазъияти ба ҳаёт ва саломатии онҳо таҳдидкунанда дучор шудаанд, бе талаб намудани ягон уҳдадорӣ аз онҳо, расонида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1998).
5. Ба хизматҳои иҷтимоии фаврии якдафъаина таъмин намудан бо хӯроки гарм ё маҷмӯи маҳсулоти хӯрока, либос, пойафзол ва дигар маводи зарурии аввалиндараҷа, мусоидат барои дарёфти ҷойи зисти муваққатӣ, гирифтани кӯмаки ҳуқуқӣ бо мақсади ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии гирандаи кӯмаки иҷтимоӣ, мусоидат барои гирифтани кӯмаки равонии фаврӣ бо ҷалби равоншиносон ва дигар хизматҳои иҷтимоии фаврӣ дохил мешаванд(Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1998).
Моддаи 18. Пардохти музди хизматрасонии иҷтимоӣ
1. Хизматрасонии иҷтимоӣ аз ҷониби хадамоти иҷтимоӣ метавонад ба таври ройгон ва музднок ба амал бароварда шавад.
2. Хизматрасонии иҷтимоии ройгон - расонидани хизматҳои иҷтимоӣ бе ҷалби маблағи шахсии шаҳрвандон буда, аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ амалӣ гардонида мешавад.
3. Дар хадамоти иҷтимоии давлатӣ хизматрасонии иҷтимоии ройгон дар асоси тартиби муқаррарнамудаи моддаи 19 Қонуни мазкур амалӣ мегардад. Тартиб ва ҳаҷми пешниҳоди хизматрасонии ройгони иҷтимоиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
4. Хизматҳои иҷтимоии музднок дар хадамоти иҷтимоии давлатӣ аз рӯи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешаванд.
5. Тартиби пешниҳоди хизматҳои иҷтимоӣ дар хадамоти иҷтимоии шакли дигари моликият аз ҷониби онҳо мустакилона муқаррар мегардад, ки он набояд ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат кунад.
Моддаи 19. Асосҳо барои хизматрасонии иҷтимоии ройгон дар хадамоти давлатии иҷтимоӣ
1. Хизматрасонии иҷтимоии ройгон дар хадамоти давлатии иҷтимоӣ ба шахсони зерин пешниҳод карда мешавад:
-ба шаҳрвандоне, ки аз сабаби пиронсолӣ, беморӣ, маъюбӣ, надоштани хешовандоне, ки ба онҳо кӯмак расонида, нигоҳубин карда метавонанд;
-ба шаҳрвандоне, ки ба сабаби офати табиӣ, фалокат, низоъҳои гуногуни иҷтимоӣ дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор доранд;
-ба кӯдакон, ҷавонон ва занони ҳомилаи дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта.
2. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ метавонад номгӯи иловагии хизматҳои ройгони иҷтимоӣ ва асосҳои пешниҳоди онҳоро муқаррар намояд.
БОБИ 4. ТАШКИЛИ ХИЗМАТРАСОНИИ ИҶТИМОӢ
Моддаи 20. Низоми хизматрасонии иҷтимоӣ
1. Низоми хизматрасонии иҷтимоӣ ба шаҳрвандон ба истифода ва рушди ҳама гуна шаклҳои моликият асос ёфта, аз хадамоти давлатӣ ва ғайридавлатии хизматрасонии иҷтимоӣ иборат аст.
2. Давлат рушди хадамоти иҷтимоиро новобаста аз шакли моликият дастгирӣ ва ҳавасманд менамояд.
Моддаи 21. Низоми давлатии хизматрасонии иҷтимоӣ
Низоми давлатии хизматрасонии иҷтимоӣ аз мақомоти ваколатдор дар соҳаи хизматрасонии иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, аз мақомоти хизматрасонии иҷтимоии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин аз муассисаҳои давлатии хизматрасонии иҷтимоӣ иборат мебошад.
Моддаи 22. Салоҳияти мақомоти ваколатдори ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ
Ба салоҳияти мақомоти ваколатдори ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ дохил мешаванд:
-таҳия ва татбиқ намудани сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ;
-қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ ва назорати иҷрои онҳо;
-таҳия ва амалигардонии барномаҳои давлатии хизматрасонии иҷтимоӣ;
-муқаррар намудани тартиби ҳамоҳангсозии фаъолият ва таъмини усули хизматрасонии иҷтимоӣ;
-муқаррар намудани тартиби иҷозат барои фаъолияти хизматрасонии иҷтимоӣ;
-муқаррар намудани низоми ягонаи давлатии ҳисоби оморӣ ва ҳисоботдиҳӣ дар соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ;
-идора ва таъмини фаъолияти муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ, ки тахти моликияти давлатӣ қарор доранд.
Моддаи 23. Салоҳияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои таъмини сифат ва дастрасии хизматрасонӣ, рушди хизматрасонии иҷтимоӣ дар маҳалли тобеият масъул буда, назорати риояи талаботи давлатии хизматрасонии иҷтимоиро дар низоми хизматрасонии иҷтимоии давлатӣ ва ғайридавлатӣ таъмин менамоянд.
Моддаи 24. Низоми ғайридавлатии хизматрасонии иҷтимоӣ
1. Низоми ғайридавлатии хизматрасонии иҷтимоӣ ташкилотҳои хизматрасонии иҷтимоиро, ки фаъолияташон ба моликияти ғайридавлатӣ асос ёфтааст, ҳамчунин шахсонеро, ки дар соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ ба тарзи хусусӣ фаъолият мекунанд, муттаҳид менамояд.
2. Ташкили субъектҳои низоми ғайридавлатии хизматрасонии иҷтимоӣ ва фаъолияти онҳо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад.
Моддаи 25. Маблағгузории низоми хизматрасонии иҷтимоӣ
1. Низоми давлатии хизматрасонии иҷтимоӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешавад.
2. Ташкилотҳои ғайридавлатии хизматрасонии иҷтимоӣ аз ҳисоби сарчашмаҳое, ки ҳуҷҷатҳои таъсисии онҳо пешбинӣ намудаанд, маблағгузорӣ карда мешаванд.
3. Муассисаҳои давлатии хизматрасонии иҷтимоӣ аз рӯи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қитъаҳои замин, молу мулки барои иҷрои вазифаҳои оинномавии онҳо зарур таъмин карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1998).
4. Намуди фаъолияти муассисаҳои давлатии хизматрасонии иҷтимоиро дигар кардан мумкин нест.
5. Муассисаҳои давлатии хизматрасонии иҷтимоӣ ҳуқуқ надоранд молу мулкашонро, ки бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ ба онҳо мансубанд, ба гарав монанд ва ба иҷора диҳанд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1998).
6. Сарчашмаҳои иловагии ғайрибуҷетии маблағгузории хадамоти иҷтимоӣ маблағҳое мебошанд, ки аз ҳисоби грантҳо, даромад аз соҳибкорӣ, маблағҳое, ки ҳамчун ҳаққи хизматҳои иҷтимоӣ дохил шудаанд, маблағҳои хайриявӣ, сарчашмаҳои дигар, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ намекунад, ворид мешаванд.
БОБИ 5. ҲУҚУҚ ВА ӮҲДАДОРИҲОИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ИҶТИМОӢ
Моддаи 26. Ҳуқуқҳои кормандони хадамоти иҷтимоӣ
1. Кормандони хадамоти иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд ба:
-таъмин кардани шароити фаъолияти худ мувофиқи талаботи муҳофизати меҳнат;
-кор дар асоси шартномаи меҳнатӣ;
-ҳимояи шаъну шарафи касбии худ;
-гирифтани дараҷаи тахассусӣ дар вақти мувофиқат кардан ба сатҳи тайёрии таҷрибавӣ ва назариявӣ;
-такмилдиҳии донишу малакаи касбӣ;
2. Қоида ва тартиби ҷуброни хароҷоти вобаста ба иҷрои ӯҳдадориҳои касбӣ, ҳамчунин кафолату имтиёзи кормандони низоми давлатии хадамоти иҷтимоиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
3. Кафолат ва имтиёзоти кормандони хадамоти иҷтимоии намудҳои дигари моликиятро давлат ва муассисони онҳо дар асоси шартнома муқаррар менамоянд.
Моддаи 27. Ӯҳдадориҳои кормандони хадамоти иҷтимоӣ
Кормандони хадамоти иҷтимоӣ ӯҳдадоранд:
-тартиби муқаррарнамудаи хизматрасонии иҷтимоиро риоя намоянд;
-маълумотеро, ки махфияти касбӣ ҳисоб меёбад, ҳангоми набудани нишонаҳои амале, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, фош накунанд;
-ба гирандагони хизматҳои иҷтимоӣ бо эҳтиром ва инсондӯстона муносибат кунанд, ба амалиёте, ки ба онҳо зарар ва ё осеб мерасонад, роҳ надиҳанд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1998).
БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 28. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳукуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Чумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 29. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе 
 5 январи соли 2008 № 359