ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2065 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2033 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.02.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2026 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.01.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ХАДАМОТИ ПРОБАТСИОНИИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ: ТАҲЛИЛИ МУҚОИСАВӢ - ҲУҚУҚӢ

-A A +A
Ношири мавод: Ботуралиев Қодирҷон Ғайратҷонович Санаи интишор: Сшб, 01/11/2022 - 16:24
ХАДАМОТИ ПРОБАТСИОНИИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ: ТАҲЛИЛИ МУҚОИСАВӢ - ҲУҚУҚӢ
 
   Пробатсия – низоми фаъолият ва чораҳои инфиродӣ муайяншудаи дорои хусусияти иҷтимоӣ-ҳуқуқии назоратӣ мебошад, ки ба ислоҳи рафтори шахсоне, ки ҷиноят содир кардаанд, бо мақсади пешгирии содир намудани ҷиноятҳои нав муайян карда шудааст, равона карда шудааст.
Мақсади пробатсия ин мусоидат ба амнияти ҷомеа тариқи:
  • ислоҳи рафтори гумонбаршуда, айбдоршаванда;
  • аз нав иҷтимоикунонии маҳкумшуда;
  • мутобиқгардонии иҷтимоӣ ва офиятбахшии шахсе, ки аз муассисаи адои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ озод карда шудааст.
   Намудҳои пробатсия инҳо мебошанд:
1) пробатсияи пеш аз судӣ – фаъолият ва маҷмӯи тадбирҳо оид ба расонидани ёрии иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ ба гумонбаршуда ва айбдоршаванда, ки ба ислоҳи рафтори онҳо нигаронида шудааст;
2) пробатсияи пенитенсиарӣ – фаъолият ва маҷмуи чорабиниҳо оид ба азнавиҷтимоикунонии шахсоне, ки ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро дар муассисаҳои низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ адо мекунанд;
4) пробатсия пас аз адои ҷазо – фаъолият ва маҷмӯи тадбирҳо оид ба муқаррар ва амалӣ намудани назорат нисбат ба шахсоне, ки аз муассисаҳои ислоҳӣ озод шудаанд ва ба онҳо расонидани ёрии иҷтимоию ҳуқуқӣ.
   Дар Стратегияи ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 июни соли 2020, №385 тасдиқ шудааст, масъалаи созмон додани хадамоти пробатсияонӣ пешбинӣ гардидааст.
   Дар фазои пасошӯравӣ Эстония яке аз аввалинҳо шуда, дар самти навсозии системаи пенитенсиарӣ кор кард. Бо қабули модели скандинавӣ, дар Эстония дар соли 1998 дар системаи Вазорати адлия сохтори нави касбӣ – Хадамоти назорати давлатии ҷиноятӣ ташкил карда шуд, ки 32 шуъбаи ҳудудӣ дорад. Кормандони ин хадамот аз мутахассисони дорои маълумоти олии соҳаи кори иҷтимоӣ ва педагогика иборатанд, аммо ихтиёриён ба сифати ассистент ҷалб карда мешаванд. Аз соли 2001 ба нақшаҳои таълимии як қатор мактабҳои олии ҷумҳурӣ тайёр кардани кадрҳо барои Хадамоти назорати ҷиноятӣ ҷорӣ карда шудааст.
   Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон аввалин шуда Хадамоти пробатсияро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Қазоқистон «Дар бораи пробатсия» аз 30 декабри соли 2016, № 38- VI таъсис дод. Аз ҷиҳати сохторӣ мавқеи он дар системаи пенитенсиарии ҷумҳурӣ муайян карда шуда, мақсади асосӣ пешгирии содир намудани ҷиноят барои як гурӯҳи муайяни шахсоне мебошад, ки дар ҳолатҳои ҷиноятии хавфнок қарор доранд. Аз ин лиҳоз, модели қазоқӣ шартан пеш аз мурофиа, ҳукм, иҷрои ҷазо ва пас аз иҷрои ҷазоро фарқ мекунад.
   Тибқи маълумоте, ки дар гузориши вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қазоқистон оварда шудааст, дар соли 2017, 28 ҳазор нафар шахсон таҳти назорати Хадамоти пробатсия қарор доштанд. Ин дар ҳолест, ки шумори маҳкумшудагон дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ аз 57 ҳазор нафар дар соли 2011 то 35,5 ҳазор нафар дар соли 2017 коҳиш ёфтааст.
   Ҳамин тариқ, дар ҳоли ҳозир пробатсия дар кишварҳои гуногун тавассути таъсиси хадамоти тақрибан як навъ, вале салоҳиятҳои гуногун (Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Суди Олӣ, Прокуратура) амалӣ карда мешавад.
   Қонун «Дар бораи пробатсия»-и Ҷумҳурии Қирғизистон 24 феврали соли 2017, № 34 қабул шудааст. Қонун аз 1 январи соли 2019 мавриди амал қарор дода, иҷрои вазифаҳои мақомоти пробатсия ба зиммаи Бозрасии иҷрои ҷазои Хадамоти давлатии иҷрои ҷазои ҷиноятии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон вогузор карда шуд.
   Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон № 666, № 400 аз 1 сентябри соли 2019 муассисаи санҷишӣ ба тобеияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Қирғизистон дода шуда, дар назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Қирғизистон Раёсати пробатсия таъсис ёфт.
   Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Хадамоти пробатсия аз 1 январи соли 2019 фаъолият мекунад. Он дар назди Сарраёсати иҷрои ҷазо дар заминаи Сарраёсати назорати иҷрои ҷазои Вазорати корҳои дохилӣ ва воҳидҳои ҳудудии он таъсис дода шудааст.
   Раванди таърихии инкишофи пробатсия бинобар хусусиятҳои муҳити ҳуқуқӣ, анъанаву ақидаҳои гуногун ва хусусияти амалии татбиқи ҳуқуқ ба назар гирифта мешавад.
   Сарфи назар аз бархӯрдҳои мухталифи қонунгузорон ба баҳодиҳии пробатсия моҳияти он ҳамеша як хел боқӣ мемонад. Хусусиятҳои умумӣ имкон медиҳанд, ки онро аз дигар падидаҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ, ки дорои баъзе унсурҳои шабеҳ мебошанд фарқ кунанд.
   Таъин намудани чораи дорои хусусияти ҳуқуқии ҷиноятӣ дар ҳар як парвандаи мушаххас ба хулосаи суд дар бораи мақсаднок будани татбиқи таъсири он асос меёбад.
   Шахсони масъули пробатсия бо шахси таҳти назорат қарордошта ва оилаи ӯ корҳои ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ анҷом медиҳанд, бо мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ихтиёриён ҳамкорӣ мекунанд. Онҳо бояд ба барқарор намудани робитаи мустаҳками байни маҳкумшуда ва муҳити иҷтимоии ӯ мусоидат карда, ба ҷамъият пайвастани онро таъмин намояд.
   Шароитҳои иҷрои пробатсия якхела нестанд ва аз ин рӯ вазифаҳои кормандони назорати тафтишотӣ нисбат ба категорияҳои гуногуни шахсони таҳти назорат қарордошта хусусиятҳои худро доранд. Вазифаҳои кормандон нисбат ба маҳкумшудагон аз назорати иҷрои шартҳои муқаррарнамудаи суд ва баҳодиҳии қонунӣ будани рафтори онҳо иборат аст.
   Таҷрибаи як қатор давлатҳо оид ба иҷрои ҷазои пробатсия хусусияти ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва функсионалии худро дорад, ки бештар ба фаҳмиши миллии мундариҷаи ин падида ба маънои ҷиноятӣ-ҳуқуқӣ вобаста аст, вале ҳадафҳо ва воситаҳои ба даст овардани он якхелаанд.
   Зимни ҷорӣ намудани низоми пробатсия зарур аст, ки омилҳои иҷтимову иқтисодӣ ва дигар омилҳо аз нуқтаи назари ҷанбаҳои мусбӣ ва манфии татбиқи ҷазои алтернативӣ ба назар гирифта шаванд ва баҳогузорӣ гарданд. Аз ин рӯ, ҳалли масъалаи зикршуда на дар рад кардани татбиқи ин тадбирҳо, балки дар такмили ташкили иҷрои пробатсия мебошад.
   Иҷрои ҷазои пробатсия, аз ҷумла расонидани кумак ба мутобиқшавии иҷтимоии маҳкумшудагон ташкили ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандиро талаб мекунад. Чунин ҳамкориҳо ҷиҳати муттаҳид намудани натиҷаҳои чораҳои ислоҳӣ шарти асосии пешгирии ҷиноятҳои нав буда, инчунин ба ҳалли масъалаҳои пешгирии умумӣ нигаронида шудааст.
   Мо итминон дорем, ки ғояҳои озмоишӣ, ки меъёрҳои байналмилалиро дар самти ҳуқуқу озодиҳои инсон ифода мекунанд, бояд дар кишвари мо низ амалӣ шаванд. Дар кишвари мо, пробатсия метавонад як шабеҳи ин намуди ҷазо гардад. Зарурати ин тадбир аз он иборат аст, ки на пробатсия ва на дигар падидаҳои «алтернативии» ҷиноятӣ-ҳуқуқӣ вазифаҳои дар назди пробатсия гузошташударо ҳал намекунанд. Дар сатҳи давлатӣ бояд барои ин тоифаи маҳкумшудагон барномаҳои махсуси иҷтимоигардонӣ таҳия карда шуда ва дар қонунгузории ҷиноятию иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ба онҳо кӯмаки ҳуқуқӣ, равонӣ, иҷтимоӣ ва моддӣ пешбинӣ карда шавад.
   Ҳамин тариқ, пробатсия имкон медиҳанд, ки сиёсати ҷиноӣ нисбат ба категорияҳои гуногуни ҷинояткорон чандиртар ва тафриқашуда амалӣ карда шавад. Маҳкумшудагон имконият доранд, ки аз оқибатҳои маънавию равонӣ, ҷисмонӣ ва дигар оқибатҳои манфии ҷудошавӣ аз ҷомеа канорагирӣ намоянд.
 
Асозода Фарзона,
сармутахассиси шуъбаи қонунгузорӣ оид ба сохтори давлатӣ,
мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқи,
Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)