ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1978 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АЛОҚАИ БАРҚӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1977 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1979 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ ЧЕНАКИ ЯГОНА Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.05.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

Таҳияи Консепсияи такмили қисми якуми кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири аз байн бурдани мухолифати қонунҳо

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 20/01/2020 - 09:41

 

 

 Тибқи нақшаи чорабиниҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи 12 то 14 декабри соли 2012 дар осоишгоҳи Хоҷа Оби Гарм бо иштироки олимон, мутахассисони соҳаи ҳуқуқ, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналхалқӣ, инчунин кормандони амалия  мизи мудаввар оид ба Консепсияи такмили қисми якуми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.                                      

Дар ифтитоҳи  чорабинии мазкур Директори Марказ  аз  иштироки ҳозирин  изҳори  қаноатмандӣ намуда, аз  мақсади  ҳамоиш  ва  ҷалби мутахассисони  соҳа  ба  масъалаҳои  ҷойдошта  оид  ба  қонунгузории гражданӣ  ибрози ақида намуд. Аз  ҷумла  зикр намуд, ки қисми якуми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон  30 июни  соли 1999  қабул шуд  ва ба бобҳои алоҳидаи он то имрўз 7 маротиба тағйиру иловаҳо ворид гардидааст. Ҳарчанд ба Кодекси мазкур 12 майи соли 2007 тағйиру иловаҳои зиёде ворид карда шуда бошад ҳам  вале то ба имрўз баъди қабул шуданаш  дар маҷмўъ комилан такмил наёфтааст. Вобаста ба такмил додани Кодекси гражданӣ дар маҷмӯъ омилҳое мавҷуданд, ки моро водор менамояд баҳри рафъи мухолифатҳо ва камбудиҳои  Кодекси амалкунанда бетараф набошем. Раҳимов Маҳмад  Забирович  илова намуд, ки пеш аз ҳама раванди босуръати  инкишофи муносибатҳои маданӣ  дар кишвар ва ҷаҳонишавии он, баъдан қабули қонунҳои дигар вобаста ба  муносибатҳои гражданӣ, мухолифати дохилии қонунҳои амалкунанда ва Кодекси гражданӣ, инчунин аз ҷиҳати истилоҳоти забонӣ коста будани мазмуну мундариҷаи  Кодекси гражданӣ, ки татбиқи онҳоро дар амал душвор мегардонанд  имрўз  моро гирди мизи музокира ҷамъ  овардааст.

Дар таҳияи консепсияи такмили қонунгузории гражданӣ ҳар як давлатҳои ИДМ баҳри рушди қонунгузории давлати худ низ кор карда истодаанд, аз ин рў Тоҷикистон низ набояд аз ин ҷараён дур бошад.  Зеро қисми асосии муомилот дар бозор маҳз тавассути  меъёрҳои Кодекси гражданӣ ба  танзим  дароварда мешаванд. Дар ин ҷараён  Консепсияи  пешгўии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо  Фармони Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз 19 феврали соли 2011, № 1021  ва Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи қонунгузории гражданӣ ва соҳибкорӣ барои солҳои 2012-2015, бо  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2012, №96 тасдиқ шудааст. Аз ин лиҳоз  санадҳои мазкур  моро водор менамояд, ки Кодекси гражданиро такмил дода, мутобиқати  онро бо қонунҳои дигар таъмин намоем.

 Зимни суханронӣ Директори Марказ  қайд намуд, ки азбаски қисми якуми Кодекси гражданӣ масъалаҳои гуногуни умумиро дар бар мегирад, бинобарин таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қисми якуми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ҷараёну газариши  хеле мураккаб аст. Пеш аз таҳияи чунин санад зарурат ба миён меояд, ки консепсияи такмили қисми якуми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия  гардад ва  баъдан дар заминаи он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қисми якуми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия карда хоҳад шуд.

      Бо ҳамин мақсад дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гуруҳи корӣ таъсис дода шуд, қайд намуд  Раҳимов М.З, ки дар натиҷаи таҳлилу омўзишҳо консепсияи мазкур  омода гардид ва имрўз барои баррасӣ ва муҳокима ба шумо ҳозирини гиромӣ пешниҳод карда шудааст. Бинобарин ҳар як  мутахассис  дар алоҳидагӣ  ба  боб  ва моддаҳои  Кодекс метавонад ақидаҳои худро иброз намояд.

       Рўзи аввал дар асоси барномаи мизи мудаввар қаблан муҳокимаи  пешниҳодҳо  ҷиҳати  такмили  фасли 1 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  масъалаҳои  муқаррароти  умумӣ, субъектҳои  ҳуқуқи гражданӣ, объектҳои  гражданӣ, аҳдҳо мўҳлати даъво  ва дигар масоили ҳуқуқуқии вобаста ба он мавриди муҳокима қарор дода  шуд. Сипас дар рўзи дуюм  оид ба масъалаҳои ҳуқуқи моликият, ҳуқуқи маҳдуди молу мулкӣ, ҳифзи ҳуқуқи моликият  ва  дигар ҳуқуқҳои ашёӣ ва ғайраҳо  масъалагузорӣ гардид. Дар ҷамъбасти  мизи мудаввар рўзи дигар  иштирокчиён  таклифҳоро ҷамъбаст намуда  ба таври мушаххас  ба ҳайати гуруҳи  корӣ пешниҳод намуданд.

         Ҳачунин дар мизи мудаввар оид ба илова ва ворид намудани боби нав бо номи «Соҳибӣ», «Ҳуқуқҳои  ашёӣ ва ҳифзи он», истифодаи маҳдуди  амволи ғайриманқул ва дигар тағйротҳои куллиро, ки  дар  такмили консепсия  пешбинӣ гардида буд ҳозирин  ҷонибдорӣ намуданд. Дар баробари таклифҳои ифодагардида  мутахассиси соҳа Раҳимов М.З., Тағойназаров Ш ва  Ғаюров Ш ва дигарон  пешниҳод  намуданд, ки бо  ворид  намудани тағйиротҳо  номи  Кодекси  гражданӣ  дар  асоси  фалсафаи  гузаштагон  ва  фарҳанги  муосир  ба  Кодекси  маданӣ  иваз  карда  шавад. Зеро  имрўз  бо пуштибонӣ  аз  забон  ва  фарҳанги худ, баҳри  ба талабот  ҷавобгў будани  қонунҳо  бояд замина гузошт, ки маҳз  Кодекси маданӣ  метавонад  посухе  бошад  ба  баъзе  мухолифати меъёрҳо  ва масоили дохилии  қонунҳо.                                              

           Аз  ҷумла  дар  баҳсу  музокираҳо   мутахассисони соҳа Маҳмадов М.З., Исмоилов Ш.М,, Бобоҷонов И., Тағойназаров Ш., Ғаюров Ш., Меликов У.А., Бадалов ., Сулаймонов Ф., Носиров Х., Александрова Лариса  иштирок  намуда, дар мавриди истифодаи ибораҳои «ҷуброн», «рўёнидан»,  «ситонидан», «товон» масоили мазмунан тарҷума шудани калимаҳо, дар мавридҳои гуногун ҳифз  гардидани манфиатҳои кредитор, нигоҳ доштани ҳадди ниҳоии сармояи оинномавии ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ, дастрасӣ ба феҳрасти ягонаи бақайдгирӣ  дар шабакаи интернет ва ғайраҳо, ки вобаста аз ҳолат бояд истифода шавад суханронӣ намуда, таклифҳои  худро пешниҳод намуданд.  

 Ҳаминтарз дар мизи мудаввар  масъалаҳои  гуногуни қонунгузории гражданӣматраҳгардида,мавридибаррасии  мутахассисони  соҳа  қарор   гирифт.   

         Қайд  кардан  ба маврид аст, ки  чорабинии зикршуда дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти  олмонии ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) баргузор гардида, ҷиҳати  рушди  қонунгузории гражданӣ   ва ошкор намудани камбудиҳою мушкилоти ҷойдошта мусоидат намуда   ҳамзамондар таҳлили илман асосноки   ҷабҳаҳои гуногуни муносибатҳои зикршуда дар ин соҳа саҳми муфиде хоҳад дошт.                                                                                                              

           Дар қисмати ҷамъбастӣ иштирокчиён аз баргузории  чунин  як   чорабинӣ изҳорӣ  қаноатмандӣ намуда иброз доштанд, ки  модели пешниҳодшуда дар рушди қонунгузории гражданӣ  заминаи мустаҳкаме  хоҳад гузошт. Ва ба муаллифон барои ҳарчи тезтар омода намудани он муваффақиятҳои  илмию-эҷодӣ  таманно  намуданд.  

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)